Архивы Мулло Саидаҳмад - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №232
Солтосолу моҳбамоҳу рӯзбарӯз ҳукумат масъулият ва уҳдадорииҳои худро бори души мардум карда истодааст. Балки ҳукумат як сарборӣ ва як бори гароне болои мардум шуда истодааст. Ҷойи онки машаққату мушкилоти мардумро сабук ва осон гардонад, баракс гарониву сангинии зиёдеро болои ин мардум ва махсусан муҳоҷирон бор намуда  аз муҳоҷирони корӣ суистифода карда истодааст. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки барои анҷому иҷрои он корҳо буҷҷа маблағ пешбинӣ кардааст.

Дар шумораи №231-и ин барнома як нома аз ноҳияи Панҷ мунташир шуда буд, ки муаллиф дар қатори дигар мушкилот аз бузҳои маҳаллӣ аз ҷумла дар бораи нафаре бо номи ҳоҷӣ Амрулло ёдовар шуда буд. Номаи аввали ин нашри «Номаҳо..» ҳам аз ноҳияи Панҷ аст, ки мешавад гуфт давоми ҳамон номаи пешина аст. Аммо ин бор панҷиҳое нома задаанд, ки муҳоҷири корианд ва дар Русия зиндагӣ доранд. Ин нома иборат аз ду навори видеоӣ буд, ки ҳайати тими «Ислоҳ» катбӣ ва пешкаши хонандаҳо намуд:

Панҷ

Баъзе аз чоплусҳо аз деҳаи Чорсуи Панҷ ,ки дар Русия ҳастанд «иқдом гирифтаанд», ки барои тоза ва қобили кор кардани заҳбур аз ҳар як муҳоҷир 1000 рублӣ ҷамъ карда ба идораи ҷамоат биспоранд. Рости гап маълум нест, ки ин чоплусҳо дастури шахсан киро иҷро мекунанд вале яқин аст ки дастури ҳукуматдорони ноҳияро. Аммо чаро ин корро мекунанд, магар кори ҳукумат бар сари муҳоҷирон бояд бор бошад? Ва инак машруи ин наворҳо, ки мо талош кардем айнан пешкаш намоем.

навори аввал:

«Ассалому алайкум бачаҳо. Созен тинҷен, саломатитон хубай. Ҳаминҷа ҳамин номотона кадомет мебинед ҳамин сум мақсад бояд ҳазор сумӣ партоян, ки заҳбури мобайни қишлоқа меканем, то тарнова, тарнова даже мегзарем, суни ҷамъиятруяра, ҳамун мобайни қишлоқа меканем. Ҳамуҷа бачаҳо кадомет номотона мебинен, ҳазорсумӣ, мақсад партоед да картаи Ибод сум ҷамъ шавад заҳбура бканан. Акаи Асрор қати аки Раҷаб маслиҳат кардагиан ҳамун бачаҳое, ки номотона мебинед мақсад сум патофтагӣ нестан, партоед ҳазор смида кора сар кнан заҳбура канан. Да личкаи Ибодулло занг бзанен карташа мега, да ҳамун карташ сума партоед, ҳазорсумӣ ҷамъ шавад. Илтимос ҳамин кора тезтар бинед. Кадомет ҳамиҷа нигаҳ мекунед ҳамин номат ҳаст значит сум партофтан даркор. Ҳамуное, ки да Тоҷикистон мақсад хонаҳотон рафтагӣ нестан ҳазорсумӣ. Сари одам ҳазор сум мерасад. Баччаҳое, ки номотон навистагияй нигаҳ кунед, ки додагӣ нестен,ки заҳбура меканан».

навори дуввум:

Салому алайкум ва раҳматуллоҳ. Мардуми шарифи деҳаи хушманзараи Чорсу худо шумора нигаҳдор боша. Барори кору баракат да касбу кортон. Бародаро инҷо бисёр заҳмат мекашан, пул ҷамъ кардестан, ки ҳамин заҳбур бисёр бемаъне пур шудаст, то тарнова бканан, то ҳамун суни ҷамъията, усунуш обуш мекаша. Ҳамура ҳар як хонае пул ҷамъ кадестас, ҳамун одамое да иҷа пул наметан, бачаҳошон да ҳамуҷадаян, ҳазор сум ҳиҷ гап не. Да ҳамун чиҳошон партоен, даводав накунан. Ҳамин бачаҳо хизмати ҳаминҷая мекунан басай. Ҳамин пул ҷамъ накунан, ай думи ҳар ятат барои ҳазор сум  нагардан, ҳамун беҳтарай. Кадомет ҳастӣ бародар резко бигардон. Баъд касе спискара кардас ай сар хушру спискаш кенен, ҳамун ростша пилус кнен. Касе пул партофт, ҳазор сум ростша пилус кнен ки ҳамун списката бина, ки ман сум партофтум, ростма пилус кардан. Акаи Маҳмадшокир ҳамина ихели аралаш надозе. Ин шо Аллоҳ, ки ҳамун касе бошад ростша пилус кне, ҳамун хушру бинависешда хондашон бшава, ростша пилус кнеда хондашон бшава. Худо хоҳад бо бинан, ки ростшон пилус шудас, бо дигариҳо мебинан, ки хай ҳамун мардум пул додестан. Худованд нигаҳдортон боша. Барори кору баракат да касбу коратон. Хай кори амри хайрай бачаҳои деҳай Чорсу. Ҳамин мобайнай ай ҳамин ариқ суни друн, ай раҳи асфалт обпартои мобайн касе ҳастӣ. Уқа гапе нест. Ду сол да як бор сесолда як бор ҳамуна меканан. Ана ҳамина я дасгирӣ кнен, Аллоҳ нигаҳбонтон. (Садо-навори дуввум аз Амруллоҳи буз)

Қубодиён

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Худованди карим шуморо умри дароз, тани сиҳат ва хотири ҷамъ диҳад. Ҳамеша  дар ҳаққи шумо дуогуем. Дар аввал бояд бигуям, ки ман узбекзабонам ва медонем шумо моро ҳимоят мекунед ва дарди моро гуш мекунеду ба мақомот мерасонед. Ман як шаҳрванди Тоҷикистон, аз ноҳияи Қубодиён, деҳаи Навобод ҳастам. Вале дар Душанбе зиндагонӣ мекунам. Дар Навобод бизнеси солдатфурушӣ ва солдатхарӣ ба тамоми маъно ҷараён дорад. Раиси ҷамоат Нодиров Валид, раиси маҳалла Талбонов Додарбек ва участковийи Навобод бо номи Ислом ҳамагӣ дар ин бизнес шариканд. Як туй карданӣ бошӣ барои иҷозат аз 2700 то 3000 сомонӣ мегиранд, баъд метавонӣ туй кунӣ.

Эмомалӣ Раҳмон охир магар ту ин танзимро барои бизнес баровардӣ? Бигир ин балоро аз сари мо! Ин чи бадбахтӣ аст? Бовар надошта бошӣ чанд нафари пулдодагиро фамилияву номҳояшонро инҷо меоварам.

Аз мардум просто бе ҳиҷ чи пул мекананд: «чида маърака кардӣ, чида туй кардӣ?» Ҳой ғоратгари Валид, бас кун ҳаромхуриатро. Наход раиси ҷамоат дар як сол чор мерседес бигирад? Аз кадом пул ин мошинҳоро харидӣ? Марҳамат санҷед- прокуратура, коррупсия ин мошинҳоро бо кадом пул харидорӣ кардааст?

Номерҳои мошинҳои раиси ҷамоат инҳоянд 5555 як, 4445 як, 0670. Инҳо се номери мошинҳои раиси ҷамоатанд. Ин дуздии ошкор аз пули ҳароми танзим ва облава аст. ШВКД Қабодиён прокуратура, коррупсия бо ин дуздҳо шариканд.

Ман аз тамоми мақомоти Душанбе эҳтиромона хоҳиш мекунам чораи инҳоро  бинанд. Охир ҳукумати ноҳия аслан ҳеҷ мушкилеро ҳал намекунад. Мо куҷо шикоят кунем дигар? Ба Худо ин касофатҳо дар ҷони  мардум заданд. Бас кунед ҳаромхуриро.

Ба Худо безор шудем аз ин ҳама зулму ситамкорӣ. Кадом рӯзе мо коре мекунем, ки дигар ҳич кас пеши роҳамонро гирифта наметавонад. Даҳ нома барои ин ҳаромхурҳо навиштем. Барқасд мегуед, ки ҳамин хел ҷабру зулм кунанд инҳо?

Ҳаррӯз дар намози ҷумъа эълон мекунанд, ки бояд солдат бидиҳем. Мулло Саидаҳмад бас кун солдатгуиро. Раиси маҳалла чи ин қадар солдат эълон мекунӣ? Мо намедонем шумо чи кор мекунед? Аз мардум пулро мегиреду дар намоз солдат мегуед? Даҳ сол шудааст, ки худат раиси маҳаллаӣ. Мебурдӣ ягон хешу таборатро, ки хизмат кунад.

Талбон Додарбек, ман медонам чи қадар пули давлатро хурдаӣ. Насиб карда бошад барои Додарбек як барномаи махсус мешавад.

Дар бораи мулло Сайидаҳмад мегуям. Эй,муллои бесавод, худат медонӣ чи мегуям. Дар минбари пайғамбар ҳар ҷумъа дуруғ мегуӣ. Хаста шудем аз дуруғгиҳои ин мулло Сайидаҳмад.

Мегуӣ командири част занг заду гуфт ба солдатҳо курпача мепурсанд. Худат бигу, ку кӣ меравад хизмат, худат фикр кун. То кай дуруғ мегуӣ?  Чи хеле гуфтам, ман дар Душанбе зиндагӣ мекунам аммо тамоми хуешу таборам дар деҳаи Навободанд. Ман Навобод дидани хешонам рафта будам. Онҷо на свет, на мактаби дуруст ва на бунгоҳи тиббӣ ҳаст. Мардуми Навобод азоби сагро мекашанд. Ман ба СС.Ятимов, ба Рустам ва Озода муроҷиат карда гуфтаниам, ки шумо фақат Душанберо набинед.

Раис ҷамоат Нодиров Валид заминҳои чарогоҳҳоро фурӯхта истодааст. Дар соли гузашта тамоми чарогоҳҳоро фурӯхтааст. Баъзе аз қитъаи заминро гуё барои заправка фурӯхтааст аммо онҷо хона рост кардаанд. Заправка документ мекунаду мефурӯшад даҳ сотих. Аммо ягон заправка нест. Як сотихи чарогоҳро 11000 мефурушад. Ҳамаи ин заминҳоро ба воситаи Мирзо Қаҳҳоров ҳуҷҷат карда мефурӯшад. Ҳамаи документҳояш задним числом, ҳатто соли 2015 оформит шуда истодааст.

Дар таги хати баландшиддат-високоволт замин фурӯхта истодааст. Горсвети Қабодиён ягон аҳамият намедиҳад. Чунки дар доля қуш аст. Барои ин мақомоти ҳукумати Қубодиён пулро деҳ, дар куҷое форадат замин гиру хона бардор. Ин чи рӯзи сахт омада бошад ба сари миллати мо?

Ман ҳайрон, ки ин Нодиров Волид ягонҷо нахондааст, чи гуна раиси ҷамоат шудааст? Фақат ПТУ хондааст, ҳатто номи худашро навишта наметавонад.

Агар дар бораи азобу мушкилиҳои мардуми Қабодиён нависем чанд ҷилд китоб мешавад.

Вахш

Ассалом алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Шумо дар барномаҳои пешина дар бораи мушкилоти ноҳия Вахшро хеле зиёд гуфтеду ба таври васеъ нишон додед.  Лекин на ҳама ҷиноятҳои ин ҳукумати ҳаромхур гуфта шудааст. Ман ҳам мехоҳам дар бораи ҷиноятҳои бузурги ин ноҳия ба шумо бигуям.

Дар ноҳияи Вахш заминҳои обӣ хеле зиёд аст.  Аммо вақтҳои охир заминҳои обиро руирост фурӯхта истодаанд. Дар гирду атрофи ноҳияи заминҳои обии аз 70 то 100 бала хеле бисёр буд, аммо вақтҳои охир кам монд. Чунки ҳамаашро фурухтанд.

Ҳатто заминҳои ГЭСро ҳам фурухта хона карданд,заминҳои УВОСро ҳам фурӯхта хона карданд. Аз ҳама аламовараш ин аст ки заминҳои ҳамвори назди марказро то ҳол фурӯхта хона карда истоданд. Масалан минтақаи замини 18 гектара, 27 гектара, 13 гектара, 11 гектара ва 7 гектараро. 7гектара охирон минтақаи пушти мактаби 2 аст ва дар бари ПМК қарор дорад. ПМК дар замини маркази ноҳия ҷойгир аст. Ин ПМКро авлодони Раҳмонов Ширинивҳо аввал оҳану техникаи зиёдашро фурӯхта ва баъд заминашро пора пора карда ба савдо заданд. Заминҳои минтақаҳои 18 гектара то 7 гектараро дар давраи ҳокимяти Барот фурухтанд. Гуё, ки барои аризаҳои мардум дар бораи участкаи наздиҳавлигӣ заминҳои назди ҳавлигӣ тақсим карданд. Раиси ноҳияи онвақта Барот ва аъзои комисияи тақсими замин Пайков ва Тухтамурод буданд. Бовар кунед, ки он вақт заминҳои назди маркази ноҳия сахт гарон буд. Вале мардум гирифтанд, чунки илоҷ надоштанд. Ва дар дигар ҷойҳоям Барот, бародари Қурбони бех заминҳои обиро хеле зиёд фурӯхт. Аммо ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба инҳо нагуфт ва намегуянд. Чунки инҳо одамони худи Президент ҳастанд ва чи кор, ки бихоҳанд мекунанд ва карда истодаанд. Худашон руирост мегуянд, ки «пула рост кришай болода метем ва худуш ҳамара ҳал мекунад». Ана бесоҳибӣ бародар. Ва то ҳоло ин заминҳои обиро фурухта истодаанд ва хонасозӣ дар ин заминҳо давом дорад. Ҳатто дар замини масчиди ҷумъа дар маркази ноҳия хона сохтанд. Ин хонаро ҳамон муллои чоплус як қисм замини масҷидро бурида барои худаш хона рост кард. Ин мулло Тоир ном дорад, ки дар борааш дар барномаҳои пешина гуфта будед. Ин мулло Тоир дар кадоме аз барномаҳои шумо гап задагӣ буд. Як чизи дигарро гуфтан мехоҳам. Дар Вахш дар охирон кучаи Престрой кучаи ПТУ рақами 60) аст ва дар ин куча ду бинои чорошёна ҳаст, ки немисҳо ва русҳо зиндагӣ мекарданд. Инҳо замони ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он қариб, ки ҳамаашон рафтанд, фақат пиронсолҳояш монд. Дар ин 4 ошиёна як пирамарди рус ба ҳамсояаш гуфт, ки шумо одами хуб астед фақат ба ман обу нон медиҳед ва нигоҳу бини маро ва гуру чуби маро кунед ман ҳамин хонаи 2 ҳуҷраамро ба шумо мебахшам. Ин оила розӣ мешавад ва ин корро мардонавор анҷом медиҳад. Ва ин пирамард асноди хонаашро бо забонхати дастӣ пеш аз мурданаш ба ин оила медиҳад. Чанде баъд пирамард аз дунё мегузарад. Ӯро гуру чуб мекунанд ин оила. Ва ин хона комилан ҳақи ин оила мешавад. Аммо ин хона ба онҳо насиб накард. Чунки аз ин кор хеши Раҳмонов бо номи Ширинов Баҳром дарак ёфт. Ва ин хонаро аз дасти ин оила кашида гирифт. Аммо ин оила ба Баҳром ҳуҷҷатҳои хона ва бо забонхати дасти он пирамарди русро надод. Аммо ин Баҳром Ширинови хеши Раҳмонов  аз болои ҳуҷҷати хона ҳуҷҷати нав карда гирифт, гуё, ки ҳуҷҷати хона гум шудаасту ҳуҷҷати нав карданд. Бубинед, ки ин авлоди нодидаву носерамм Раҳмонов асло сер накард ва намекунад. Тамоми ҳамсояҳо аз ин кору амали онҳо дар ҳайрат монданд. Чунки ин оила он пирамарди русҳо чандин сол нигоҳубин карда буданд. Ҳамсояҳо гуфтанд, ки ин хешу табори наздики ҷаноб ин қадар гушнаи нодида будаанд. Бовар кунед ин даҳшат аст. Ин оилаи Раҳмонов ва хешу таборони вай кай сер мешуда бошанд? Ҳатто калонҳояшон ин гуна корҳои пасту зишт карда истодаанд, ин ҷавонҳояшон калон шаванд, чи мешуда бошад? Бадтар мешаванд. Ҳатто хонаҳои мардуми одиро кашида гирифта истодаанд.

Дар Вахш тамоми роҳбарон ин ҳодисаро медонанд. Шахсан идораи суд пурра бохабар аст, аммо азбаски Шириновҳо хешони наздики Раҳмонованд, гап намезананд.

Ҳадди ақал барои он оила, ки ин пирмарди русро чандин сол нигоҳубин кард як сомонӣ ҳам пешниҳод накарданд, то ақалн ҷуброни корҳояшон бишавад.

Бовар кунед, ки беҳуда нагуфтаанд, ки гадо бой шавад ҳам буи гадоӣ аз машомаш намеравад.

Конибодом

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мо як гурӯҳ сокинони шаҳри Конибодом маҷбур шудем, ки ба «Ислоҳ» нависем ва ин арзи моро чоп кунед то мақомот дар Тоҷикистон ва вазири корҳои дохилӣ пеши роҳи ин амалҳоро дар шаҳри Конибодом гиранд.

Ба ҳама маълум аст, ки солҳои охир дар шаҳри Конибодом чи ҳодисаҳо гузашт ва шахсоне, ки ин кушторҳоро кардаанд то ҳоло кофта истодаанд. Гарчанде 4-5 нафарро барои ин кушторҳо дастгир ва ҳабс карда бошанд ҳам онҳо бинобар гуфти хешовандонашон ба зурӣ ба сарашон бор кардаанд. Онҳоро бурда дар КГБ ва 6-отдел задаву бо роҳи азобу шиканҷа ба гарданашон бор кардаанд ва инро ҳама медонад.

Матлаби имрӯзаи мо шикоят аз Акбаровҳои 6-отдел мебошад, яъне Акбаров Манучеҳр коргари УБОП ва додари вай Акбаров Бахтиёр коргари 6- отдели вилояти Суғд. Онҳо ҳозир Акбарзода Манучеҳр ва Акбарзода Бахтиёр шудаанд. Вақте ки ин кушторҳо дар Конибодом пай дар пай содир шудан гирифт ин Акбарзода Манучеҳр дар қатори дигар кормандон аз шаҳри Душанбе ба Конибодом ба командировка омад, то ки қотил ё қотилонро ёбад. Ин Акбарзода Манучеҳри харомхур баробари ба Конибодом омадан корро аввал аз ғорати мардум сар кард. Бо ҳар баҳона одамонро ҷеғ зада ту фалон соат дар фалон ҷой барои чӣ будӣ гуён саволу ҷавоб мекард. Баъд фаҳмидем, ки кораш контрол аз болои телефонҳои мардум буда касе, ки вақти куштор телефонӣ мобилиаш кор кардааст, оварда допрос мекард. Агар Худо накунаду дар телефонатон ягон расми «ҷумъа муборак» пайдо шавад вой бар ҳолатон. Вай мана ту экстремист, ту террорист, ту салафӣ гуфта дар ҷояш сттатя барои 8 сол тюрма мезанад. Албатта, ҳеҷ кас намехоҳад турма шавад. Барои ҳамин мачбур мешавӣ, ки ин ҳаромхурро илтимос кунӣ, то туро ҷавоб дихад. Нарх ё ставкаи ин Акбарзода Манучеҳри ҳаромхур 3000 сомонӣ фақат барои онки як расми «ҷумъа муборак» дар фесбуки шумо ҳам аз куҷое омадааст. Агар мабодо ягон нашид пайдо шуда монад телефонро даррав ба як коргари дигараш, ки номаш Домулло аст медиҳад ва вай телефонро гирифта аз назар мегузаронад ва шуморо истинтоқ мекунад. Аз гуфтааш ин Домуллоро дар масъалаҳои динӣ фиреб карда намешудаасту одам салафӣ аст ё ки не, дар як лаҳза мефаҳмидааст. Агар ин Домулло гуфта монад, ки ин шахс вайрон аст.  Манучеҳри ҳаромхур ставкаро баланд карда то ба 5 ҳазор доллар мерасонад. Вай чандин касро ҳамин хел тарсонда бо ҳар баҳона шумо салафӣ гуфта аз 3000 сомонӣ то 5 ҳазор долларашро канд. Баъзе одамонро,ки дар телефонашон ягон чи наёфта бошад ҳам бо баҳонаи он ки дар командировка аст ва шароиташ бисёр вазнин мебошад барои заправкаи мошинаш грузит ҳам кард. Дар ҳоле, ки вай худаш аз Конибодом мебошаду танҳо дар УБОП дар Душанбе кор мекунад.

Додари вай Бахтиёр бошад бо худи вай копия буда тамоми ҳаромхуриро аз акояш омухтагӣ. Касеро даъват кунад бо ҳар баҳона тарсонда пулашро меканад.

Манучеҳр ҳар шаб дар чойхонаҳо шишта бо бузонаш то дери шаб арақхурӣ мекард ва агар маст шуда монад доим мегуяд, ки вай ба наздикӣ началники УБОП мешавад. Воҳима карда мегуяд, ки «Ин началники УБОП савод надорад, дар ҳаёташ ягон экстремисту террорист нақапидааст, чи хел началник монданд, ман ҳайрон. Баъди камтар вайро аз кор мегиранду ба ҷояш ман мешавам. Чунки ман резултатҳои зур медиҳам ва инро вазир ҳам медонад. Авторитети УБОП дар дасти ман аст. Ба мисли ман ягон кас дар экстремизму терроризм резултат надорад. Ман дар Россия, дар ФСБ ҳам шиносони зиёд дорам ва касеро ба онҳо мегуям дастгир карда ба Тоҷикистон гусел мекунанд.

Як рӯз дар чойхонаи Мерос маст шуда гуфт, ки ба наздикӣ ба Россия меравад. Бояд рафта чандто экстремистро қапида биёрад. Ба гуфти худаш бо шиносони ФСБ ҳама корро маслиҳат кардаасту бояд равад. Чунон фахр карда гап мезад, ки оби даҳонаш ба чанд тараф пош мехурд. Гуфта буд, ки «аз куҷо ҳамин началники УБОПро мондагианд, ки на савод дораду на корро пеш бурда метавонад. Забони русиро намедонаду бо русҳо гап зада наметавонад ва манро доим ба Россия равон мекунад. Вай дар УБОП чандин началникҳоро дидааст, ҳамаашро бо резултати кораш қоил кардааст».

Началники УБОПи пештара Шодӣ Хафиззода вайро ба Хатлон ба 6-отдел ҳамчун наказат ба кор фиристода будааст. Баъди рафтани вай началники нави УБОПро дар гушҳояш паридаасту боз ба ҷойи кораш омадааст. Ба наздикӣ Россяи рафта боз чанд экстремисту терористро қапида биёрад боз як соли дигар кайф карда хурда мегаштааст. Вай 3 то зан дорад. Ду зан дарТоҷикистон   ва як зани рус дар Россия.

Зани русаш дар Конибодом як сабукпо буд, ҳамонро гирифт ва вақте Манучеҳр барои одамкушӣ маҳкам шуд зани русаш ба Россия рафт. Бо пулҳои аз мардум ғорат кардааш дар Россия ба номи занашу дигар хешонаш хона харидааст. Вақте ки маст шавад худашро ба таъриф даромада мегуяд, ки «ман пенсияба баромда монам ба Россия меравам дар онҷо ман полковник ба 100ҳазор рубл пенса медиҳад». Чунки бо воситаи ҳамин зани русаш гражданствои Россия ҳам дорад. Тибқи қонун касе гражданини Россия аст бояд дар мақомот кор накунад, лекин ин душмани динамон бошад кор карда гаштааст. Агар дар интернет ному фамилияи ин ҳаромхурро дар Гугл нависед тамоми интернет пури ному фамилияш мебошад. Зеро вай чанд сол пеш як исфарагиро бурда дар вақти дар 6 -отдели Исфара кор карданаш ба свет монда кушта буд. Чандин бор вайро бурда маҳкам карданд лекин боз пул дода халос хурд. Ҳамроҳи вай Шокиров Фирдавс ҳам маҳкам шуда буд, ки вай ҳам пул дода халос шуд. Фирдавс ҳозир дар отдели Исфара дар бахши ноболиғон кор мекунад. Ин Манучеҳр худаш одамкуш асту боз ба Конибодом барои ёфтани одамкушҳо омад буд. Чандин сол дар 6 отдели Исфара кор карда ҳамаро азоб дода пулашро канда мегашт ва вақте вайро ба Душанба ба кор гузаронданд чандин сол Исфараю Конибодом тинҷ буд. Вақте ки ин ҳаромхур пайдо шуд боз ба азоб додани мардуми мусалмони намозхон сар кард. Ин Манучеҳр душмани дини ислом аст ва шахси намозхону ришдорро чунон бад мебинад, ки то бас гуфтан. Лекин агар пул диҳӣ на ба ришат кор дораду на ба имонат. Пул бошад шуд, худашро ҳам мефурӯшад. Вақте ки чунин як нафар коргари мақомот асту худаш одамкуш пас, вой бар ҳоли ин мақомот, ки чи хел пуштии мардумро мегирад.

Манучеҳр дар вақти пештар дар ансамбли мактаб дар гурӯҳи ҳофизон нақоранавоз буд. Ва агар бо бузони худаш шинад фахр карда мегуяд, ки бояд артист шуд, ман ҳам дар вақти мактабхонӣ артист будам.

Баъди ба Россия рафтанаш Конибодому Исфара тинҷ шуд. Лекин додараш Бахтиёр бошад кори вайро давом дода истодааст. Вай ба додараш информация медиҳад, додараш даъват карда пулро меканад. Худо накунаду дар телефонатон ягон расми исломӣ пайдо шавад шуд.

Ҳозир раиси пештараи Конибодомро дело карданд ва ҳамин Акбарзода Бахтиёр аз бузҳои акояш маълумотҳоро гирифта одамонро оварда азоб дода маҷбур аризаҳояшонро гирифта истодааст. Маҷбур карда истодааст, ки одамон ариза нависанд, ки барои гирифтани замин ба раис Абдусаллом Тухтасунзода пул додаанд. Мардумро тарсонида истодааст, ки агар чунин нанависед заминҳоятонро кашида мегиранд. Охир дарТоҷикистон касе ҳаст, ки пул надода соҳиби замин шуда бошад. Пулро медиҳӣ соҳиби замин мешавӣ. Агар ариза нависӣ мегуяд, ки «мана барои харидуфурӯши замин ту ҳам гунаҳгор». Маҷбурӣ боз 2-3 ҳазор сомониатро меканаду ҷавобат медиҳад. Агар одамҳое, ки ин ду ҳаромхур оварда пурсиданд, нағз пурсанд мегуянд чи хел ба инҳо пул додаанд.

Барои ҳамин мо ба «Ислоҳ» навиштем, то ин ҳаромхурҳоро аз Конибодом гирифта баранд ва мо осуда зиндагӣ кунем. Мо бовар дорем вақте ин номаи шикоятии мо дар «Ислоҳ» чоп мешавад, албатта вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ягон чора мебинад. Дар охир инро илова мекунам,ки вазъияти Конибодом хело вахим ва муташаниҷ аст.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №232  появились сначала на ISLOH.net.

Ғоратгарони Қубодиён ҳукуматро задагӣ
Хонандаи азиз! Таҳаввулу тағйир, қиёму хезиш, шуришу табаддулот ва инқилобҳоро аввал «гап» омода мекунад, ё дар «гап» омода мешаванд.

Дар ин фикр набошед, ки «гуфтан» фоида надорад, маъюс ва навмед нашавед. Умед ва таваккул бар худо кунед. Мо бояд гап бизанем, зиёд гап бизанем ҳамаро ба гап дароварем. Шумо гап  занед. Наҳаросед. Ин натиҷаи гапу ҳарфи мо буд, ки не фабрикаи ҷавоб монду не онҳое, ки аз шумори муаллиму духтур, корманди ҷамоату шуъбаи маорифу фарҳангу имомхатибу дигару дигараш, ки барои ҳамла ва задани мову шумо дар барномаи «Минбари муҳоҷир» аҷир карда шуда буданд. Ҳоло ягонтоаш ҳам намонд. Ҳей, талош мекарданду ҳей мегуфтанд, ки «На, моро касе водор ва аҷир накардааст,мо худамон вориди барнома шудем, мо барои он вориди барнома шудем, ки шумо мехоҳед боз Тоҷикистонро ба ҷанг кашед, тоҷикистон обод аст, Тоҷикистон фаровонӣ аст, Тоҷикистон тинҷ аст»...ва аз ин қабил ҳарфу суханҳои бебунёду дур аз воқеият. Чун диданд, ки мо ончиро мегуем, ки халқ шоҳидаш аст, халқ дохилаш аст, халқ бо суханҳои чоплусону маддоҳон қиёс мекунад, ночор шуданд, ки худро канор бикашанд, беш аз ин шармандаву сарафканда нашаванд. Зеро гапҳои онҳо лоий хушк ба девор буд. Гапи мо мисли корд, мисли найза ҷигарашонро мешикофт. Мо сухани ростро мегуем. Вақте мо сухани ростро мегуем каживу костиву фиребу найрангу шайтанати онҳо ру мезанад. Мо косакузаҳоро барои он сари онҳо мешиканем, ки онҳо дар ҳақиқат муттаҳаманд, онҳо дузданд, онҳо ҷиноятпешаанд.

Бубинед, ин тавр нест, ки облава фақат дар деҳа ва маҳалла ва кучаи шумо буда бошад. Фақат масҷиди шуморо набастанд, фақат риши бародар ё падари шуморо натарошиданд ва ё сатру ҳиҷоби хоҳар, модар, духтар ва ҳамсари шуморо нагирифтанд. Инҳо тамоми Тоҷикистонро ба ҳамин вазъу ҳол оварданд, сиёсаташон ҳамин аст: қулдурӣ, зургуӣ, ситамкорӣ, роҳи дигари идораи давлатро балад нестанд. Инҳо агар як лаҳза аз ташдид ва тазриқи тарсу ваҳшат даст кашиданд тамом. Онҳо мо ва мардуми моро тарс дода истодаанд.

Фикр накунед, ки ин ҳолу ҳаво фақат дар маҳалу музофоти шумост. Не, ин дар саросари кишвар аст. Саросари кишвар зери бори инҳо хам задааст, леҳу лаварда шудааст, тикапора шудааст.

Ин вазъу ин ҳолро Раҳмонов, СС. Ятимов Рамазон Раҳимзода, Юсуф Раҳмон, Бег Сабур (дуи охир қудоҳои Эмомалӣ Раҳмонованд) ба вуҷуд овардаанд. Инҳо ҳамагӣ ҳамин чанд нафаранд, ки як миллатро тохтутоз, хурду резаву таги по мекунанд. Фикр мекунед, ки чанд нафаранд? 100, 200, 300, 1000, 10000! Аммо мо чанд нафарем? 10 000.000!  Чаро мо сокитем? Чаро ҷуръат надорем?

Мо бояд бархезем. Аммо барои онки бархезем бояд бо ҳам гап бизанем. Ин гап аст ки моро бармехезонад, бедору ҳушёр мекунад, ба ҳадаф мерасонад.

Инҳо аз гапи мо, аз ҳамгапӣ, ҳамгапшавии  мо метарсанд.

Моро террорист мехонанд, то ки шумо бо мо мо ҳамгап нашавед ҳамроҳ нашавед. Инҳо аз ҳамроҳшавӣ, баҳамоӣ ва иттиҳоду ваҳдати мо метарсанд. Чунки мо чеҳра ва симои ҳақиқии инҳоро кушода истодаем. Чунки мо гап зада истодаем. Биёд гапзаниро зиёдтар кунем. Гап-ин яъне маслиҳат, машварат, маҷлис, маҳфил, тазоҳурот, қиём, ошуб инқилоб аст. Гап роҳи ҳал, гап барнома, гап стратегияву тактика, хулоса гап моро ба муроду мақсадамон мерасонад.

Ин номае, ки дар зер манзури шумо мегардад, номаи ғайриодӣ ва ғайримаъмулӣ нест, як нома-балки ҳамон шиква-шикоятномаи рӯзмарра аст ки ба унвони мо ҳамеша меояд .Аммо он таври дигар навишта шудааст.

Гоҳо як шаҳрванди одӣ тавре менависаду мефиристад, ки мегуӣ солҳо менавишту корманди матбуот буд. Манзара ва воқеаҳоро рушану возеҳу назаррас таҷассум ва тасвир мекунад ва ончи рӯи сафҳа овардааст ҷолибу ҷаззоб аст, содаву нишонрас ва мафҳум.

Ҳамин матлаби зерро муаллиф барои «Номаҳо….» роҳӣ карда буд. Аммо қироати он мутаассир кард ва тасмим гирифтем ки алоҳида чоп кунем. Ончики дар ин матлаб мунъакис шудааст фақат ба Қубоиён ва деҳоти он марбут намешавад. Инҷо дар симои Қубодиён тамоми Тоҷикистон  инъикос ёфтааст ва ончи инҷо тасвир ва китобат шудааст дар тамоми кишвавр ҷараён дорад.

Қубодиён

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Ба шумо ва кормандони тими «Ислоҳ» саломативу сарбаландӣ орзу дорам.

Аз совхози Тоҷикистон, деҳаи Навобод, ҷамоати деҳоти Навободи Қубодиён менависам. Номаи ман муфассал аст. Ман мехоҳам дар бораи чанд ҳаромхури ҷамоат ва ноҳяи бароятон маълумот бифристам.

Ман як марди солхурдаам, ки кам-кам ба деҳқонӣ машғулам. Шукри худо, ки писаронам дар муҳоҷирати корианд ва кам-кам ба ман кумак мекунанд ва зиндагии начандон хуб дорам. Ман ноадолатиҳоро мебинаму виҷдонам азоб медиҳад. Дар ин ҷамоат беш аз 20 ҳазор хоҷагӣ ба сар мебаранд. Даромади 95% мардуми деҳа аз пулҳои муҳоҷирати меҳнатӣ аст ва 4% аз деҳқонӣ ва 1% коркунон ва порахурони ҳукумат. Қубодиён 8 ҷамоат дорад. Аммо фасодзадатарин ҷамоат ҳамин ҷамоати Навобод аст (совхози Тоҷикистон). Дар ин ҷамоат заминфурушӣ ва сарбозшикор дар авҷи аъло аст. Аз падару модарони ҷавони синни даъват маҷбур ва бо таҳдид пул мегиранд. Тамоми мақомоти ноҳия аз ин корҳо бохабаранд, балки шарики ҳамин ҷурму ҷиноятанд.

Ин чи давлату давлатдорӣ аст, ки дуздону ҷинояткорон дар сари коранду мансабу вазифаи давлатӣ доранд ва озодона аз номи давлат ва бо қударти давлат ин гуна корҳоро мекунанд аммо бегуноҳу бечорагон дар зиндон?

Мақомоти интизомӣ-коррупсия, милиса, амният, прокуратура, яъне Юсуф Раҳмон, СС.Ятимов, Рамазон Раҳимзода аз ин корҳо бохабаранду худро ба кариву курӣ мезананд.
Марҳамат омада тафтиш кунед. Тамоми заминҳое, ки мефурушанд, ҳуҷҷат надоранд. Яъне сертификат надоранд. Хона месозанд, баъд ҳуҷҷатгузорӣ мекунанд. Дар қишлоқ ҷой-замини озод намондааст. Ҳозир боз дар руи замини қум сар карданд заминфуруширо. Ҳар хеле мехоҳанд хона месозанд. Роҳҳову кучаҳову паскучаҳоро тангу торик карда ҷуйборҳоро даруни ҳудуди хона дароварда истодаанд. Ба раиси ҷамоат пора дода ҳар коре дилашон мехоҳад карда истодаанд. Ягон санади меъморӣ, кумиати замин ва геодезӣ нест, то ки аз хатарҳое ба мисли заминларза, обхезӣ, сел ё дигар офатҳои табиӣ чораҷуӣ карда шавад. Манзилҳоро худсарона сохта истодаанд.

Масалан бо иҷозати раиси ҷамоат хонаҳоро дар наздики дарёи Кофарниҳон сохтанд. Инҷо заминҳо фурухта шуданд ва мардум дар он минтақа манзили зист сохтанд. Аллакай дарё ба онҷо наздик шуда истодааст. Кадом шаб ё руз шуста мебарад ин минтақаҳои аҳолинишинкардаро. Инҳо дидаву дониста ин заминҳоро фурухтанд. Дар ҳоле, ки дар ин минтақаҳои хатарнок сохтмон мумкин нест. Марҳамат Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ё кумитаи заминсозӣ ва меъморӣ омада санҷед. Аммо, дар ин кор аз ҷамоат то ноҳия ҳама шариканд, чунки ҳамаашон «доля» доранд.

Ин раиси ҷамоат тамоман дар фикри халқ нест. Балки дар фикри худаш аст. Раиси ҷамоат Волид Нодиров аст. Бисёр инсони паст ва зинопеша аст. Хоҳари ӯро шавҳараш бо як писари бегона қапид ва ҷавобашро дод. Боз бо чанд марди ҳамин деҳа қапиданд, аммо ҳоло ҳам барои вай дарси ибрат нашуд. Ба худо як бесаводтарин одам аст. Ягон ҷоро нахондааст. Дипломи кадом коллеҷеро харидааст. Ҳамин аст оқибати дипломфурушӣ. Бо пул хондани донишҷу тамоми кишварро ба хатар мебарад. Ранги ин одами бесаводро ба ҳамин сину сол даромада надидам.

Наход як одаме, ки номи худашро ба зур нависад, ё ду калимаро ба ҳам пайваст карда хонда натавонад, раиси ҷамоат монӣ? Бовар кунед, ки карат каратро пурсӣ намедонад. Ҳатто дукарат дуро пурсӣ мумкин намедонад. Як шеър барои ватан пурсӣ намедонад. Аз адибон ё шоирон ку тамоман бехабар аст.

Аз раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ хоҳиш карда мешавад, ки ин хел бесаводонро роҳ надиҳед, як саводашонро санҷида бароед. Шумо одами босавод ҳастед. Охир ин на танҳо шумо, балки тамоми ноҳияро шарманда карда аст. Ва ин дар чанд ҷо гуфтааст, ки «ма ба раиси ноҳия 10.000 доллар додагӣ, вазифаро харидагӣ». Вақте пиён мешавад, ҳамачиро худаш бо забони худаш қоил мешавад.  Пеш аз раиси ҷамоат шудан заминсози ҳамин ҷамоат буд ва бо падараш тамоми заминҳои ҷамоатро чену чуб карда фурухтанд.

Ман чор фарзанд дорам. Аз худи ман низ 3ҳазор доллари амрикоӣ гирифта буд. Падараш ваъда дода буд, ки дар боғ даҳ сотих замини  наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад. Чанд бор муроҷиат кардам. Барои писаронам ваъда дод, вале надод.

Як заминро аз 40 то 50 ҳазор сомонӣ ба чанд кас мефурушанд. Пули чандин одамҳоро гирифта замин барои сохтмони хона медиҳем гуфта надоданд.

Ин Волид Нодирои раиси ҷамоат худаш замини хоҷагии деҳқонӣ ҳам дорад. Гову мол ҳам дорад. Боз заминҳои обии мардуми бечораро гирифта тарбузу харбуза мекорад. Ба номи бародаронаш 70 гектар замин дорад, ки онҳо замини обӣ буда қариб аз нисф зиёдаш чарогоҳ оформит карда шудааст. Падарашро барои заминфурушиаш чанд бор бурда маҳкам карданд. Ва аз раисии ҷамоат барои порагириаш дастгир карда аз вазифа гирифта буданд. Бо маблағҳои калон худашро харид. Аз коррупсия озод шуд. Вале давлений зад. Ин Волид Нодиров боз дар руи замини қум тамоми заминҳоро фурухта истодааст. Дар назди остановка зиёда аз 30 сотих замини хона дар номи додараш кардааст ва як магазин дорад дар пеши остановка. На налог месупорад на свету об. Бензин савдо мекунад, ки тибқи талабот ҷавбгу нест. Ин на ба Раҳматуллои сабзибадаст шинос аст, на инро касе мешиносад. Баъди барномаҳои шумо, ки худаш ҳам дидааст, фахр кардааст, ки «Муҳаммадиқбол маро одами Раҳматулло гуфт. Тамоми мақомоти ноҳия дигар аз ман метарсад. Ман на Раҳматуллоро дидам, на мешиносам вале ҳоло акнун аз номи Раҳматуллои сабзибадаст каттагӣ мекунам».Ин ҳаромхур тамоми духтарҳои ҷамоатро зино мекунад

Боз як ҳаромхури дигараш Гулонов Додарбег, раиси маҳалла аст. Ва ин ҳам хоҷагии деҳқонӣ ва гову мол дорад. Уро дар ҷамоат тамоман намеёбӣ. Агар корат ғалтад аз сари замин меёбӣ. Замини назди хонааш як гектар мебошад. 7 фарзанд дорад. Бачааш дар Душанбе мехонад, духтарҳояшро ба шавҳар додааст. Магар аз пули як раиси маҳалла ин қадар кату кут карда мешавда? Маълум аст ки аз пули як раиси маҳалла нест. Албатта, аз пули облава. Мардумро дар мавсими облава Волид Нодиров, Додарбег ва корманди комиссариати ҳарбӣ Тошбой сахт ғам медиҳанд. Ба хонаҳои мардум омада аз 5 то 10-15 ҳазор сомониро мегиранд, таҳдид мекунанд, ки агар надиҳӣ бурда маҳкамат мекунем. Дар ҳар хона аз 3 то 5 нафар ҷавони сини аскарӣ ҳаст. Агар як кас бошад 10 ҳазор сомонӣ мегиранд. Агар 2 ё 3 кас дошта бошӣ, аз 3 то 5 ҳазор сомонӣ мегиранд. Барои як ҳуҷҷат ба ҷамоат меравӣ аз 50 то 150 сомониатро мегиранд. Хулоса, тамоми корашон порахорӣ аст.

Волид Нодиров вақте маст мешудааст, мегуфтааст: « онаша ов бара ин давлату давлатдорӣ друғай, сума метӣ, бо сума ҷамъ карда мегардӣ, мардума қл кардум».

Волид Нодиров ва Додарбегро баъди барномаҳои шумо ҳамин нав як бегоҳӣ омада аз ҷамоат мақомот бурданд вале якчанд соат пас сар доданд. Волид Нодиров гуфтааст: «фалони маро мехран, сум меган боз метӣ, меган бху бгард. Ов ай боло лояй.  Худшон, яъне Эмомтапак иқа миллионҳо дуздӣ мекунад, ҳиҷи гап нест ку? Морам бошем мисли ҳавай. Ма тамоми мақомоти ноҳияра здагим. Сумшон метум, бо даркор шава, фалоншон мекнум, то раиси ноҳяш дар пешам мутаҳам аст»

Боз як ҳаромхури дигар Меҳтоҷов Ҳабиб, директори мактаби рақами 41 аст. Ин шахс дар мактаб зан ва духтаронашро ба ҳайси полшуяк номнавис карда ҳар моҳ ба номи онҳо маош мегирад. Дар ҳоле, ки онҳо тамоман суи мактаб тоб намехуранд. Дар ҷойи онҳо як, ду зани бечора кор мекунанду зану фарзандони Ҳабиб дар қатори онҳо маош мегиранд.

Ҳабиб солҳои дароз аст ки директори мактаб аст. Як бор аз кор пешаш карданд, ба дигар мактаб бурданд. Вале боз маблағ дода ба инҷо омад, ки инҷо ҷойи руғанӣ аст. 6 духтар дорад ва як писар. Ҳамаи ин духтарҳояшро бо як маоши муаллимӣ туй кардааст, ки ин номумкин аст. Солҳои дароз деҳқонӣ мекунӣ, тарбуз, харбуза, гандуму ҷав мекорӣ, меҳнат мекунӣ, як духтарро бо қарзу қавола мебарорӣ. Боз писарашро фарматсевт хононда истодааст. Як аптека дар назди беморхонаи деҳа дорад, ки на андоз месупорад ва на ҳуҷҷат дорад.

Ҳар сол пули таъмири мактабро аз 4 ҳазор талаба 20 то 50 сомонӣ ҷамъ мекунанд. Пули обуна, пули бур, пули журнал, пуи китоб..пули комиссия. Ман ҳайрон, ки пули аз маориф ҷудомешуда куҷо мешавад, ки боз аз талабагон ҷамъ мекунанд. Агар мактабро таъмир кунанд, мо розӣ, аммо мактабро дарунаш фарсуда. Танҳо берунашро камтар рангу бор намуда боз худи ҳамин талабагонро мефармоянд, ки бо навбат омада ранг кунед.

Аттестатфурушӣ аз 300 то 500 сомонӣ. Духтарони синфи 9-ро баровардан аз мактаб аз 2 то 5 ҳазор сомонӣ. Хулоса, ҳар як чиз нархи худашро дорад. Агар дар мактаб помош биёяд, ба хешу таборони худаш тақсим мекунад, ба домодҳову акаву бародаронаш ва худаш. Писараш бошад дар таги по мошин. Боз худаш алоҳида мошин, каттагӣ карда гаштанд.

Муллои масҷид мулло Саидаҳмад, садқаи номи муллоӣ шавад, як бузи амният аст. Номи муллову муллогиро ҳаром кардааст. Ин шахс як инсони бероҳа буд. Агар пурсед маънои бисмиллоҳро намедонад. Ба мисли Саидмукаррам аст. Мардумро гумроҳ кардааст, аз қафояш намоз мехонанд. Магар аз қафои ин хел буз намоз хондан ҷоиз аст? Мавсими туйҳо сар мешавад, аз 200 то 500 сомонӣ барои никоҳ мегирад. Никоҳро ҳам ба як тиҷорат табдил кардааст. Бе иҷозати вай ягон кас ҳақ надорад никоҳ кунад. Дар минбари масҷид рузҳои ҷумъа фақат дар бораи пешвои миллат гап мезанад. Ту аз худову расул гап зан, то ки мардум як чи ибрат гиранд охир.

Як золими дигар Одинаев Туйчӣ аст. Ин ҳаромхур чарогоҳи мардуми деҳаро гирифта ба бизнес табдил додааст. Ин шахс тамоми ҷангалу ҷангалзорҳоро маҳкам карда бо пул говҳои мардуми дигар ҷойҳоро мечаронад. Ҳар сари гов дусад сомонӣ дар моҳ. Аз асп бошад то 500 сомонӣ дар як моҳ мегирад. Мардум ҷойи чарогоҳ надоранд. Заминҳоро ҳуҷҷати қалбакӣ карда чарогоҳ кардааст. Подаи халқро намемонад, ки наздик ба ҷангал шавад.

Ин чи зулм аст? Як шахс ба тамоми мардуми деҳа зулм кунад, магар ин адолат аст? Ин халқи бечора намедонад, ки чи кор кунад. Ман шахсан ду гов дорам, ба пода мебаранд, аз пода бармегарданд, мегуӣ аз газетхонӣ омада бошанд, шикамҳояшон дар пусташон часпидагӣ. Як дарза ришқа-юнучқа 25-20 сомонӣ. Камтар ҷав ва ё гандум барои коҳ корам мегуӣ, як гектар заминро ба маблағи 5 то 7 ҳазор сомонӣ барои як мавсим раиси ҷамоат мефурушад. Ин Одинаев Туйчӣ, бародари раиси собиқи ҷамоат Одинаев Азиз мебошад. Дар вақти  раиси ҷамоат будани бародараш,аз мансаби бародараш истифода бурда заминҳоро забт ва чарогоҳ кардааст. Халқи бечора метарсад, ки эътироз кунад. «Ма дар амният одам дорам, касе даъво дорад, марҳамат! Бурда нобуташ мекунам!».

Магар ин халқ коҳ аст, ки бурда нобудаш мекунӣ? Бар сари мардуми деҳа таҳдидҳои зиёд мекунад ба мисле, ки солҳои 90 якбор коҳи ҷаваш оташ гирифта буд, нисфи мардуми деҳаро бурда дар отдели Чирик лату куб кард. Як шахсро то далел ё ҳуҷҷат надошта бошӣ чи хел бурда латту куб мекунӣ. Магар ин адолат аст?

Одинаев Азиз, собиқ раиси ҷамоат аст. Ин шахс ҳам барои заминфурушиаш чандин бор дастгир шуда буд ва охирон бор Надиров Раҳимбег уро подстава карда ҷояшро гирифт.

Боз як нафари дигар ба ном мулло Додарҷонов Абдурасул, ки гуфта мешавад Қуръонро чил бор хатм кардааст, тамоман аз мисолу масъалаи динӣ бехабар аст. Номаш мулло. Аммо чизеро намедонад. Ин шахс имоми масҷиди панҷвақта аст. Масҷид ба номи дигар кас, ба номи мулло Солеҳ, имомаш Абдурасул, ба мисли як навулмақоли халқӣ: «ҳофиз манаму бародарам мехонад». Ман ҳайронам, ки барои чи ин шахсҳо дар озодиянд. Бо ин қадар ҷиноят дар озодиянд. Барои як лайки Муҳаммадиқбол аз 8 то 20 сол зиндон мекунед. Инҳо болои халқ ин ҳама зулму мекунанд, ҷиноят содир мекунанд, дар озодианд. Адолат дар куҷост? Мулло Абдурасул тамоми заминҳои фурудгоҳ (аэропорт) ва боғро фурухт. Тамоми заминҳоро фурухт.

Ман барои чӣ дар боло аз мақомоти шаҳри Душанбе, Прокурори генералӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостам, ки худашон омада тафтиш кунанд. Марҳамат, агар шумо ҷиноят мекобед, дунболи Муҳаммадиқболу дигару дигар нагардед. Марҳамат омада тафтиш кунед. Инҳо-тамоми мақомоти ноҳия ва вилоятро хариданд бо маблағ. Яъне бо пора муттаҳам кардаанд, ба гуфти худашон, ки даҳони ҳамаашонро то вилоят бастем. Ҳар хору хасе ҳаст мефурушем. Абдурасул масоҳати хонааш аз 2 гектар зиёд аст. Гуфти пешво: «чи ту аз осмон чакидӣ, магар»? Агар бовар накунед марҳамат омада санҷед. Тамоми заминҳое, ки дар аэропорт боғ фурухта шуданд ин шахсҳо даст доранд:

Одинаве Азиз, раиси пешини идораи ҷамоат;

Зиёвиддинов Ислом, собиқ заминсози ҷамоат;  Додарҷонов Абдурасул, ки ба гуфтаи худаш соҳиби ҳамаи ин заминҳост, главар,Нодиров Раҳимбег, собиқ раиси ҷамоат. Нодиров Волид, раиси феълии ҷамоат. Гулонов Додарбег, раиси маҳалла.

Заминҳои аэропорт ва боғ ягонтоаш ҳуҷҷат надорад, на аз аэропорт ва на аз боғ.

Соҳибони ҳамаи хонаву заминҳоро фарёд карда якто-якто занталоқ қасам диҳед. Як ба як қоил мешавад, ки дар чанд сомонӣ харидорӣ намудаанд ва аз кӣ харидаанд. Танҳо занталоқ қасам диҳед.

Абдурасул ҳозир нақша дорад боғи анорро тақсим кунад. Беш аз 2 гектар замини боғи анорро. Ниҳолҳои анори борварро решакан карда партофт. Қонуну адолати давлат куҷост? Агар як шахс як шохаи дарахтро бурад экология  омада ҷаримааш мекунад. Аммо ин шахс беш аз 3-4 ҳазор ниҳоли анорро канд, решаков карда партофт, ҳоло ҳам дар озодӣ аст. Ин аст ҷинояти руирост. Ин боғро нақша дорад як ду сол ба мисли боғи себзоре, ки айнан чунин карда буд ва як ду сол полезӣ корида яъне тарбузу харбуза баъд оҳиста-оҳиста фурухт. Яъне барои манзили истиқоматӣ. Ҳоло ҳам айнан ҳамин хел карданист. Ҳозир боғи анор нест. Дар ҷояш тарбуз. Як сол пас мебинӣ дар ҷояш хонаҳои истиқоматӣ шудааст. Дуздии руирост, гуфти пешвои миллат. Дар ин кор раиси ҷамоат ҳам қуш аст. Ин боғзорҳо магар ҳақи мардум нест?

Мардуми деҳа чандин бор хостанд, ки мактаб ва медпункт кунем. Мардумро фиреб дода накарданд ва нақша доранд, ки инро ҳам фурушанд. Ин замини давлат аст. Монед мардум мактаб созанд барои ояндаи давлату миллат. Аз ин боғ то мактаб дуввуним километр аст. Бечораи кудакҳои нисфи шаб мерасанд ба хонаҳояшон. Зимистон хатарнок аст. Аз раиси ноҳия хоҳиш карда мешавад, ки ҳамин заминро барои мактаб ҷудо карда диҳад.
Бародар Муҳаммадиқбол! Агар як китоб нависӣ ин дарди мардум тамомшавӣ надорад. Бовар кун дар ҷони мардум задагианд. Мардум аз ин режим безор шудааст. Ин мардум бо шумоҳо аст. Тамоми мардуми совхоз шуморо гуш ва тамошо мекунад: зан, мард, кудак, мусафед ва интизори омодани шумоҳоанд

Аз сериали Усмонӣ дида сериали «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро мардум интизор аст. Аз кинои Ҳазраи Юсуф дида мардум дар шумо «қзиқан». Аҳсант, ки шумо дарди мардумро мегуед. Ин давлат ба шумо бояд орден диҳад. Чунки шумо аз ин қадар ҷиноятҳо ҳарф мезанед, дуздиву ғоратгариҳоро ошкор мекунед. Тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бояд барҳам дод. Мақомот бояд бо шумо ҳамкорӣ кунад. Яъне барномаҳои шуморо гуш кунанд, то бехабар намонанд.

Ин режим ин ша Аллоҳ ба поён мерасад. Инҳо аз ободӣ гап мезананд, аммо ободӣ дар куҷост. Дар ҳамон чор биное, ки барои фоидаи Оила сохта шудааст. Он биноҳоро агар ҳамон муҳоҷирони бечора нахаранд бо ин маоши давлат ё деҳқонӣ шиками бачаҳоямонро сер карда наметавонем. Дар ин беш аз 30 сол ягон заводу фабрика насохтанд, ки барои мардум камтар беҳбудӣ шавад. Вақте мардум шикамаш гурусна он биноҳои баланди ту ба кӣ даркор? Инҳо ягон кор накарданд дар ин қадар сол ва карданӣ ҳам нестанд. Дар асри 21 на тобистон свет дорем на зимистон. 3 соат бегоҳӣ 2 соат саҳарӣ. Тобистон ҳаво гарм трансформатор қувват намекунад гуфта светро нуҳи саҳар то намози асру шом мекушанд. Боз камтар шамол шавад ҳафтааш свет нест. Ин чи давлату давлатдорист? Тоҷикистон неву торикистон номашро гузорем дуруст меояд. Камтар маблағ медоштам аз ҳамин деҳа баромада мерафтам.

Афсус мехурам. Вақте дар Афғонистон будем соли ҷанги шаҳрвандӣ 1992 ман сардори камп будам. Камп яъне маҳалли зисти дастаҷамъонаи муҳоҷирон. Дар онҷо ба чанд камп тақсим буданд. Ман сардори яке аз онҳо будам. Маро намояндагони давлатҳои Аврупо, яъне Салиби Сурх хеле эҳтиром мекарданд. Вақте ҳамин Раҳмонови золим мардумро даъват кард, яке аз намояндагони Салиби Сурх бо ман рафиқи хеле хуб буд, маро гуфт, ки нарав, ки ин шуморо фиреб медиҳад.

Инҷо таги коса нимкосае ҳаст. Биё туро Аврупо мебарам, паноҳандагият медиҳам. Азбаски фарзандонам майда буданд, нахостам. Пушаймонам. Афсус, кошки ҳамон замон мерафтам. Мо ватан гуфта боз ба ватан бозгаштем. Ман, ки аз кишвари худамон берун нарафта будам, фикр мекардам, ки муҳоҷирӣ азоб аст. Яке дар аскарӣ ғарибиро дидам ва яке дар Афғонистон ҳамроҳи рафиқи Салиби Сурх будам, ки ҳамеша ба мардум кумак мерасонд, мегуфт бурдани мардуми тоҷик ин як даъват аст аз суи Русия ва Амрико. Ҳоло имруз чоплусҳо гап мезананд, ки мардуми гурезаро Эмомтапак овард. Не, инро маҷбур карданд  Русия ва Амрко, ки мардуми муҳоҷирро баргардон нақл карда буд рафиқам. Онҳо маслиҳат  карданд, ки ин мардуми гурезаи тоҷик пас аз чанд сол ҳамааш террорист шуд ба сари мо бало мешаванд, инҳоро баргардонидан даркор. Бо ҳар роҳу баҳона Эмомтапакаро пеш андохтанд, ки баргардон. Нақшаи инҳо ҳамин буд, ки мардумро баргардонид бо фармони Русия.  Ин Эмоматапак нав давлатро бесоҳиб дидагӣ буд. Хулоса бародар инҷо бисёр гап ҳаст. Дар оянда хоҳам навишт.

Бародар Муҳаммадиқбол! Инҳо ислоҳ шаванд ё нашаванд, Ин ша Аллоҳ боз менависам. Ман дар ҳамин деҳа ҳастам ва ҳарчики инҷо мегузарад мебинам. Ба ҷавонони муҳоҷири деҳа гуфтаниям, ки раҳмати калон. Роҳи асфалтро маблағ ҷамъ карда тармим ва навсозӣ ва дар шафати он ҳоҷатхона соз кардед. Ташаккур ба ҷавонмардони ғариб.

Ps: Амо мо назоратро аз пушти ин ғоратгарон бештар менамоем ва ба раиси ноҳия Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ ҳамагӣ як моҳ муҳлат медиҳем, то ин ғоратгаронро дар ҳол сабукдуш ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашаванд. Нагузоранд,то боз дар прокуратура, милеса ва корупсия пул дода бароянд!.

Ҳоҷӣ Раҳматулло назоратро ба уҳдаи шумо ҳам мегузорем ва мебинем то куҷо шумо дар ин масала коре аз дастатон меояд ё шумо ҳам чуноне мегуянд ҷентелмен ҳастед?

Сообщение Ғоратгарони Қубодиён ҳукуматро задагӣ появились сначала на ISLOH.net.