Архивы Муродалӣ Алимардон - ISLOH.net

Раиси «Бонки миллӣ»-и вилояти Суғд ё «дасти рост»-и Раҳмонов дар наркобизнеси шимоли Тоҷикистон
Навруз Валиев, мудири Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳудуди 20 сол аст дар ин курсӣ мехкуб ва ноҷунбон шудааст. Ӯро ба унвони як мутахассиси ҳирфаӣ дар соҳаи ҳисобдориву молия ва бонкӣ эътироф мекунанд. Аммо, ин сифоти хуби корӣ далели солҳои тулонӣ фаъолият кардани ӯ дар мақоми раҳбарии «Бонки миллӣ» дар вилояти Суғд нест. Далели «дарозумрӣ»-и вай дар курсии раиси Бонки миллӣ дар шимоли Тоҷикистон чизи дигар аст. Ҳеҷ рабту алоқае ба сатҳу сифат ва ҳатто самараи кори ӯ надорад.

Тули ин муддат Қосим Раҳбарович Қосимов, Қоҳир Расулзода, Абдураҳмон Қодирӣ ва ҳоло Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳайси раиси вилояти Суғд кор карданду иваз шуданд, аммо Навруз Валиев ҳамчун санги побарҷо ва куҳи устувор дар курсиаш боқӣ монд. Шояд бигуед, ки раисон ба кори бахши «Бонки миллӣ» дар вилояти Суғд мудохила намекунанд ва таъйину барканории раиси он дар ихтиёри Бонки миллӣ аст. Дуруст. Аммо дар ин муддат дар Бонки миллӣ ҳам раисҳо яке пайи дигаре иваз шуданд: Муродалӣ Алимардон, Шариф Раҳимзода, Абдуҷаббор Ширинов, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода  ва ҳоло Фирдавс Толибзода. Яъне чаҳор раиси вилоят ва шаш раиси Бонки миллӣ иваз шуд ҳатто домоди Раҳмонов Ҷамолиддин Нуралиев аз муовинии Бонки миллӣ барканор шуд аммо Валиев Навруз Aлиевич дар ҷойи худаш, курсии раиси «Бонки миллӣ» дар вилояти Суғд ҳатто такон намехурад ва айни худи Ҷаноби Олӣ «сварка кадагӣ». Бо ин ҳама раисон кор кардан ва боз ҳам курсиро ҳифз кардан, хеле ҳам душвор ва хеле ҳам саволбарангез аст. Ҳатмани ҳатман бо яке аз ин нафарон ситорааш ва ё гапаш рост намеомад ва ӯро ҷавоб медоданд. Аммо ин тавр нашуд? Навруз Валиев ҳамоно масъулияти раҳбарии  Бонки миллӣ дар вилояти Суғдро бар уҳда дорад ва бар замми ин писарашро ҳам тавонист, ки раиси яке аз ноҳияҳои калонтарини пахтакории кишвар, Мастчоҳ бимонад.

Ва ҳоло Аъзам Ализода Навруз, писари бонкири №1-и вилояти Суғд ва аз «чиновникҳои дарозумр»  се сол мешавад, ки раиси Мастчоҳ аст.

Ҳоло, бо иҷозаи шумо як пораеро  аз матлаби пешини «Ислоҳ» инҷо меоварем, ки ба ин навишта хеле ҳам мехурад:

«Ман яке аз ин коргарони куҳнаи ҳукумат мебошам. Мо-коргарони куҳна ба шумор мондаем. Ва, инро ҳам бояд бигӯям, ки барои курсии раиси ноҳияи Масчоҳ Атовуллозода Муллосоқӣ ва Зокирзода Умед давутози зиёд карда истода буданд. «Ставка»-и раисӣ аз 150.000 доллар ба 250.000 доллар боло рафт. Ин ду нафар аз командаи Ғайрат Азиззода буданд. То рӯзи охирон командаи Ғайрат ва Қофлонбой боварии калон доштанд, ки Атовуллозода Муллосоқӣ раиси нави ноҳия таъин мешавад. Ҳатто рӯзи 16.11.2021 сол Атовуллозода Муллосоқиро ба Душанбе даъват карда буданд. Вай барои гирифтани таъйинот рафта буд. Вале рӯзи 17.11.2021 Ализода Аъзам Наврӯз раиси ноҳияи Мастчоҳ таъин шуд. Аъзам писари Наврӯз Валиеви бонкир мебошад. Вай аз «клан»-и марҳум Тоҳир Азиззода мебошад. Боз ҳам нақшаи Қофлонбой барбод рафт. Қофлонбой аввал мехост, ки Рустам Рустамзода раиси ноҳия таъин шавад. Вале Тоҳир Азиззода фармонро ба даст оварда буд.

Мегӯянд, ки Аъзам Ализода «одам»-и Рустами Эмомалӣ мебошад. Ҳардуяшон дӯстии наздик доранд. Баъди барномаи «Ислоҳ.нет» ва расонаӣ шудани ҳолати қасди куштори Рустамзода Абдухалил, Рустами Эмомалӣ Аъзамро даъват карда «ту раиси ноҳияи Мастчоҳ мешавӣ» мегӯяд. Сумбулоғо-Асадулло Қимматович Раҳмон, ёрдамчии Президент дар масъалаи кадрҳо барои раис шудани Атовуллозода Муллосоқӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ба воситаи Қофлонбой-Раҷаббой Аҳмадзода 250.000 доллар пора гирифта буд. Аммо Сумбулоғо рӯзи 17.11.2021 бохабар мешавад, ки фармони раиси ноҳия таъйин шудани Аъзам Ализода баромадааст».

Аз ин иқтибос метавонед ин гуна бардошт ва ё хулоса бароваред, ки таъсир ва ҳукми Навруз Валиев  дар вилоят болотар аз раисҳо аст вагарна раиси ноҳияи Мастчоҳ на  одами тайёркардаи Қофлонбой –Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва на кадри Асадулло Раҳмон, мушовири кадри Раҳмонов, балки писари ин бонкири рақами аввали вилояти Суғд намешуд. Пас, бармеояд, ки Навруз Валиев ба худи Оила робитаи танготанг ва хело хубе дорад ва Аъзами писари ӯ, раиси имрӯзаи ноҳияи Мастчоҳ бо писари Эмомалӣ Раҳмонов яъне Рустами Эмомалӣ ҷура будааст. Ин ду нафар чи тавр ҷура шуданд ва нақши худи Навруз Валиев дар ин ҷурасозӣ чи гуна астро ҳам инҷо гап мезанем.

Бинобар навиштаҳои расонаҳои маҳаллӣ Навруз Валиев, раиси Федертсияи самбои вилояти Суғд ҳам будааст ва ҳануз аз давраи раҳбарии Қоҳир Расулзода дар ин вилоят ширкати варзишкорони тоҷик дар ин риштаро дар мусобиқоти байналмилалӣ кумак мекардааст.

Наркотарафик Наврӯз Валиев ва Эмомалӣ Раҳмоновро мепайвандад

Акнун ҷойи гуфтан омад, то бишиносед, ки дар бораи кӣ гап меравад ва ин нафарро бо Эмомалӣ Раҳмонов чи мепайвандад ва то чи андоза ба тиҷорати қочоқи маводди мухаддир шарик аст?

Навруз Валиев зодаи ноҳияи Мастчоҳ аст. Яке аз рафиқони наздиктарини пешво ва пасво ва ин оила мебошад. Писараш ҳоло раиси ноҳияи Мастчоҳ аст. Аъзам ба Рустами Эмомалӣ бо ҳам дӯсти хуб мебошад. Аз даврони кудакӣ ҳар дуи инҳо бо ҳам дӯстии наздик доранд. Барои он ки дар замони ҷанг вақтҳое ҳам буд, ки Раҳмонов писари наркомани худро барои пинҳон кардан ба шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи номдори «кучаи Ленин»оварда буд. Пас аз ҳодисаи куштори Файзалӣ ва Сангак, Рустами гунгак дар хонаи Навруз Валиев меистод. Аз ҳамон замонҳо Аъзам ва Рустам бо ҳам дӯстии наздик пайдо карда буданд. Дар як нишасти бо дӯстон Аъзам ба дӯстони тошкандии худ дар чойхонаи машҳури «Тоҷиддин» дар Бустон мегуяд, ки «Я являюс хорошим другом Рустама, был времена когда у него нечего не было, он даже одевал мои одежды».

Чойхонаи «Тоҷиддин»- дар шаҳраки Бустони Мастчоҳ хеле машҳур мебошад. Барои он ки инҷо ба гуфти мардум «питачок»-и тамоми наркобаронҳо, криминалҳо ва дигар унсурҳои олами ҷиноӣ мебошад. Соҳиби инҷо Тоҷиддин яке аз наркобаронҳои калони ноҳияи Мастчоҳ аз солҳои 90ум аст.

То ҳоло ҳам тамоми мардум, милиса ва кормандони амнияту прократура медонанд, ки вай бо чи кор машғул аст, лек ҳеҷ кас ӯро на дастгир ва на паси панҷара карда метавонад. Чунки Тоҷиддин дар симои Навруз Валиев пушту паноҳи  пурқувват дорад ва тавассути Навруз Валиев  бо ин Оилаи нафриншуда алоқа дорад.

Аз солҳои 70—80 тавассути бархе аз ҷавонмардони Мастчоҳ роҳи осони даромадро дар «наркобизнес» пайдо мекунанд. Он солҳо Мастчоҳ ба унвони транзитний пункт ва перевалочний база, ки ҳоло ин мақомро Исфара соҳиб шудааст, барои тоифаи наркобаронҳову наркобизнесҳо хеле ҳам ҷаззоб ба ҳисоб мерафт. Ва, шумораи зиёди мастчоиҳо он замон ба бизнеси наркотик машғул шуда буданд. Сабаб дар он аст, ки дар замони ҷангҳои «босмачигарӣ» ё истилои Бошевикон ба сарзамини мо аз Мастчоҳ ба Афғонистон одамони зиёд гурехта буданд ва ҳоло ҳам пайвандону боқимондаҳои онҳо дар он ҷо зиндагӣ мекунанд. Вақте ки Шуравӣ ба Афғонистон даромад, ҷавонони мастчоӣ дар Мазори Шариф, Ҳирот, Файзободи Афғонистон бо бархе аз мастчоиҳои Афғонистон шинос шуданд.

Дар солҳои ҷанги дохилии 1992-1997 бизнеси «наркотикӣ» дар Мастчоҳ сар шуд. Роҳи осонтарин аз тарафи «Нусай, Сардеҳ ва Умарак» деҳаҳое дар шимоли Афғонистон ва Вилояти мухтори Бадахшони Тоҷикистон ташкил карда мешавад, ки минбаъд тавассути Мастчоҳ ба Тошканду Бишкек ва сипас то ба Русия идома мекард.

Дар замони ҷанг шумори наркобизнесменҳои ноҳияи Мастчоҳ хеле афзуд. Барои он ки бо маблағи ночиз метавонистанд аз он кишвари ҷангзада бори худро гузаронда ба Русия равон намоянд. Даҳҳо мастчоҳӣ Афғонистон мерафтанд. Ва «бор»-ро аз марз хеле ҳам арзону осон мегузарониданд. Ҳатто барои афғонҳо Камаз ҳам гузаронида бар ивазаш героин гирифтагианд.

Дар аввали солҳои 2000 Раҳмонов дар яке аз маҷлисҳои ноҳиявӣ бо намояндагони давлат ва соҳибкорон, ки тақрибан 95% наркобарони масчоӣ ҳузур доштанд дар шаҳри Бустони Масчоҳ бо ханда мегуяд, ки «медонум бисёри шумо бизнеси сафеддаед  ва мегуяд, крупний бизанен!»

Солҳои 2001-2002 Навруз Валиев дар кадом мулоқоташ ба Раҳмонов мегуяд, ки «ҳамшаҳриҳои ман, миллионер, баъзеаш миллиардер шуданд аз паси ҳамин сафеда».

Ва мефаҳмонад, ки наркотик  бо се роҳ аз Тоҷикистон мебарояд:

1ум аз тарафи деҳаи Хоҷаи Аъло-и Исфара. Як мастчоҳии Исфара трансферро дар даст дорад.

Бояд зикр намуд, ки ба Исфара аз солҳои 60-70 бисёр мардум аз Куҳистони Мастчоҳ куч баста буданд. Ба Узбекистон бо ёрии криминали машҳури Узбекистон «Бахтӣ Ташкентский»  «бор» равон карда мешуд.

Вале аз соли 2004 сар карда, «охота» ба наркобаронҳои мастчоҳӣ сахт шуд. Аммо ин «охота» ҷиддӣ набуд. Асосан барои дур кардани «конкурентҳо» аз ин бизнес буд, ки даромадҳои миллионӣ меовард.  Эмомалӣ Раҳмонов худ главар шуд ва Навруз Валиев бо одамони «Бахти Ташкентский» вохурда  масъаларо ҳал мекард. Аз замоне, ки ин бизнес пурра ба роҳ монда шуд, домоди Раҳмонов, ки ҳоло дар ин кор ҳаст танҳо «исполнительный директор» мебошад. Соҳиби асосии ин бизнеси миллиардӣ худи Раҳмонов ва масъулу маъмури финанси он Навруз Валиев аст.

Яке аз калонтарин наркобаронҳои Мастчоҳ «Валии роғӣ» буд. Ҳар боре ба даст меафтод, то 2-3 миллион доллар дода халос мешуд. Валии роғӣ бо Навруз Валиев робитаи бисёр ҳам зич дошт. Аммо Валии роғӣ яке аз хатогиҳои калонтарин кард, ки сабаби тамоман аз ин бизнес дур карданаш мешавад ва тақрибан 100 миллион долларашро зада мегиранд. (дар дасти «Ислоҳ» номи хело аз иншоотҳо ва моликиятҳои ғайри манқули Валии роғӣ вуҷуд дорад, ки аз тарафи Навруз Валиев ва мақомот мусодира шудаанд) Валӣ солҳои 96-99- 2000 дар як овардан то 80-100 мошини масалан Жигулӣ -08 ё 09 аз Русия меовард. Вай бо бародараш Мағзум, ки соли 2016 дар Белгороди Русия дастгир шуд, аз даромади ин тиҷорат садҳо гектар замини пахта ва ҳамин тавр иншооти ноҳияро харида хусусӣ карда ва ба садҳо кас қарз додаву гирифтору вобастаи худ карда буданд. Яке аз муштариҳои асосии онҳо Қосим Раҳбарович буд, ки шоҳидони ҳол мегуянд, паси дари Валии роғӣ навбат мепоид ва Валӣ барои вай пули соляркаву бензин барои кишту кор медод. Ёдатон бошад аз мошини дипломати тоҷик (сафири Тоҷикистон) дар Қазоқистон героин пайдо намуда буданд. Он дипломат мастчоҳӣ буд.

Аммо бояд бигуям, ки Раҳмонов аз наркобаронҳо хела ваҳму тарси калон дошт. Ба раиси онрӯзаи вилояти Суғд Қосим Раҳбарович Раҳмонов мегуяд:  «агар наркобаронҳои мастчоҳӣ ҳаминхел ба мардум ёрӣ дода бизнесашонро давом диҳанд, баъд ба ман бало мешаванд, илоҷашро бин».

Қосим Раҳбарович  ба боздошту дастгир кардани баъзе аз наркобаронҳо сар мекунад. Ин кори вай ба занозаниҳои калон мепечад. Ҳазорон ҷавони мастчоҳӣ ба Хучанд омада хуҷандиҳоро мезаданд. Пас, аз ин воқеаҳо Раҳмонов бо ёрӣ ва нақшаи кашидаи Навруз Валиев, як -як ҳамаи наркобаронҳои калонро кунҷи зиндон ва банкрот карда ва тамоман аз байн бурд ва танҳо Тоҷиддин монд. Тоҷиддин ин ҳолатро дида ҳамон замон бо Навруз Валиев гапро як карда ба маблағи 3 миллион доллар барои худ «криша» яъне «таға» ба монанди «Ҷаноби Олӣ» (Худо лаънаташ кунад) харид. Дар соли 2000 алакай Раҳмонов пурра роҳбар ва наркобарони калонтарини Тоҷикистон шуд. Тамоми финансовий структураи бизнес ба души Навруз Валиев меафтад ва ба гуфти баъзе аз масъулини Бонки Миллӣ дар вилояти Суғд «Раис ҳар моҳ (траншҳо) трансферҳои 10 то 20 миллион доллараро авторизават мекунад, рост ба суратҳисобҳои оффшории ҷазираҳои Вирҷиния мефиристад.Раҳмонов тавассути Навруз Валиев пулҳои аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардаи худро ба суратҳисобҳои оффшориаш мепартояд»

Навруз Валиев албатта, ки ҳиссаи хеле хуб аз ин бизнес дорад- дар як моҳ беш аз 3 миллион доллар. Бояд қайд намуд, ки Тоҷиддин то ҳоло ин бизнес ва ин роҳи тронзитӣ аз Мастчоҳро  курироват мекунад. Тоҷиддин шахси хеле мутакаббир ва ҳаром мебошад. Ба ғайр аз он ки Раҳмонов кришаи асосиаш аст дар вазорати дохилӣ, амният, прокуратура ва таможнии Тоҷикистон бисёр генералҳоро «грет» карда мегардад. Ба гуфти худаш, ки 2-3 сол пеш «Ма ҳози ҳамиқа одамора грет карсодиам так что ҷош биёяд государственний переворот кардан барои ма 2×2ҳай».

Айни замон Навруз Валиев оҳиста-оҳиста роҳбарии бизнеси худро ба фарзандонаш таълим дода истодааст. Дар байни хешу авлоди худ гуфтаст:  «ман ҳозир бояд тезтар ҳама системаҳои даромадро ба фарзандонам гузаронам. Он кас раванд манам пенсия мебароям ва дигар бояд дуюм поколения давом диҳанд.»

Ин кардинали сиёҳи Точикистон, бояд қайд кунем, ки моли давлатро намедуздад. Вале сахт истифода мебарад. Барои афзун кардани  даромади худ. Масалан ба наркобизнесҳо пулҳои калон қарз додааст ва ё ба онҳо инвестиция медиҳад.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини собиқи раиси Бонки Миллӣ, шавҳари Озодаи чемпионка яке аз шогирдони Навруз Валиев мебошад.

Шуҳрат Исматуллозодаро ҳамин Навруз Валиев тавсия дода буд, ки муовини раиси Ориёнбонк монанд. Вале маҳз Навруз Валиев ба Раҳмонов гуфта будааст, ки Шуҳрат аз ҳад ва ҳудуд гузашта истодааст чораашро тезтар дидан даркор.

Навруз Валиев ба Раҳмонов мегуяд: « Шуҳрат даҳонашро соҳибӣ карда наметавонад ва дар ҳар ҷо ҳар гуна гапҳо зада истодааст ва тамоми сирҳоро фош мекунад. Бояд бо вай коре кард, то хомуш шавад. Набошад бо ин «лақиданҳояш» сари бисёриҳоро мехурад ва дардисар меоварад. Масалан ман аз аввали ба қудрат расиданатон бо шумо ҳамин корҳои сиёҳро дорам ва касе огоҳ нашудааст, чунки даҳони ман пушидагӣ ҷаноб!»

Гап дар бораи он меравад, ки дар як нишасти худ Шуҳрат бо дӯстонаш дар дачаи «Бонки миллӣ» дар Қайроқум (Гулистони ҳозира) каме кайфаш баланд мешавад, яъне маст шуда дар бораи финансовий махинатсияҳои оила мегуяд. Дар ин ҳолат яке аз кормандони ҳамон дача дарҳол ба Навруз Валиев занг зада мегуяд, ки «раис и девона ҳамара фурухсодай, чикораш кунем?»

Навруз Валиев бо саросемагӣ омада ӯро ба квартираи худ дар 18ум микроноҳияи Хуҷанд мебарад ва бо Ҷанобаш ба связ баромадa  воқеаро мефаҳмонад. Аз амният одамҳо омада ӯро ҳамон рӯз ба Душанбе мебаранд ва бо дахолати тағои Рустам ишкамбаи Асадуллозода Шуҳрат бахшида мешавад.

Аммо пас аз Раҳмонов ба Хуҷанд омаданаш Навруз Валиев ӯро убедит мекунад, ки Шуҳрат «опасный» ва бояд чора дида шавад.

Раҳмонов ҳамон услуби дӯстдоштаи худро пеш гирифта Шуҳратро бояд, ки зиндон мекард, албатта бо парвандаҳои бофтаи худ. Лек Ҷеки Чан- вазири корҳои дохилӣ  плани дуздидан ва кушторро тавсия дода мегуяд, ки сипас ҳамаашро ба сари Муҳаммадиқболу Кабириву Группа и 24 мезанем ва бо ҳамин бо як тир чанд нишон мезанем.

Аммо Навруз Валиев ба Раҳмонов мегуяд, ки ҳама чизҳо овоза шуд ва дар оппозитсия алакай ҳама ҳама гапро паҳн карданд ва ҳоло ба сари инҳо ин корҳоро монда намешавад ва агар гуфти вазирро кунед, шарманда мешавем ва пурқувват будани онҳоро тасдиқ мекунем.

Яке аз инсонҳое, ки бар зидди ҳамин план –«ба души оппозитсия» партофтани ин масъала буд, ҳамин Навруз Валиев буд.

Дар Тоҷикистон қонун танҳо барои мардуми одӣ амал мекунад. Барои кришадорҳо ва худи кришаҳо тамоман татбиқ намегардад.

Валиев Навруз Алиевич соҳиби 3 зан мебошад. Аввалин занаш аз худи Мастчоҳ. Дуюм занаш як рус мебошад, ки аз вай як духтар дорад. Ҳоло он духтараш дар Амрико мехонад ва ҳамроҳ бо ду бародараш аст, ки аз зани мастчоии падараш мебошанд. Навруз ҳар моҳ танҳо барои таҳсили ин фарзандонаш зиёда аз 15 ҳазор доллар равон мекунад. Инҷо савол пеш меояд, ки музди маоши Наврузи Пистолет чи қадар  аст?! Зани сеюмаш ва ба гуфти мардум «пачкаш» як бевазани хуҷандӣ мебошад, ки аз ду зани аввалу дуюмаш хабардор нест. Ба зани ҷавонаш дар шаҳраки Бустон собиқ Чкаловск  хона, мошин ва салон красоти (толори ҳусн) харидааст. Ба гуфти мардум ин бевача дар Бонки миллӣ дар вилояти Суғд пас аз ҷудо шудан аз шавҳараш ба кор медарояд ва сразу ба раис охота мекунад.

Навруз Алиевич дар як нишаст ба Раҳмонов дар дачаи Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон –Қайроқуми пешина мегуяд, ки «ёшако бо зур будай,мана мегуфтед Ҷаноб ма бовар намекардам». Ҷанобаш дар ҷавоб мегуяд, ки эҳаа ту мастчоҳӣ нав фаҳмидӣ?!

Навруз Валиев, ки мастчоҳӣ аст ҳаракат мекунад, ки дар гирду атрофи худ ҳамқишлоқиҳои худро ҷамъ кунад. Номи деҳааш дар хотирам нест шояд Пастиғав  ва ё  Палдорак бошад.

Қисса кутаҳ тамоми наздиконаш дар гирду атрофаш кор мекунанд, алахусус аз деҳаи худаш ва хешу табори дуру наздики худаш мебошанд.

Наврузро якчанд маротиба мехостанд аз вазифа гиранд, алалхусус Қосим Раҳбарович. Аммо Раҳмонов тамоман иҷозат надод. Навруз монанди ҳамон пешвояш мебошад, дар вилояти Суғд як инсони саховатпеша ва соҳибкори номдор, ки худ хешу табори Навруз буд, соҳиби ширкати «Олим Каримзод»-Ҷамшед Абдулов. Байни вай ва Навруз чи нофаҳмие аз ҳисоби як «ферма» дар ноҳияи Мастчоҳ мешавад ва Навруз ӯро пурра чап гирифт ва бо ёрии дӯсташ Э.Раҳмонов пура Ҷамшедро шикаст дод ва оқибат чанд ҳазор мардуми одди бе ҷои кор монд. Ҳатто клуби футболи Мастчоҳ, ки номи «Олим Каримзод» дошт ба лигаи олӣ баромада буд. Барои онки маблағгузори хуб буд. Аммо Раҳмонов ва дӯстони ҳаромаш пурра онҳоро шикастанд.

Аммо гарчанде Навруз Алиевич дӯсти Раҳмонов бошад ҳам аз Раҳмонов «хавф» дорад ва ҳамеша мегуяд: «да ин боварӣ нест. Ин ҳамаро нест кард, пагаҳ ман ҳам лозим нашавам нестам мекунад. Ҷаноб гарени чашмгурусна! Барои ҳамин бояд ё  роҳи гурез аз ватан пайдо кунем ё тезтар Рустам президент шавад, пас хуб мешавад. Вай каме беақлакай, да гушош мепарӣ, ҳама кора иҷозат медиҳад.»

Акнун интизор аст  ки тезтар Рустам сари вазифа ояд. Барои он ки Аъзам бе ягон мамоният боз вазифаҳои баландро соҳиб мешавад. Аввалин коре, ки агар Рустам ба сари вазифа ояд, ба гуфти Навруз ва худи Аъзам, ӯ бояд раиси вилояти Суғд ва пас курсии сарвазирро соҳиб шавад.

Ҳатто медонад, ки Аъзам метавонад дигар ягон доля надиҳад ва инро ҳам медонад, ки наркотрафик пурра дар дасти Аъзам мебошад. Барои он ки Аъзам хеле моҳирона Рустамро чмо карда метавонистааст. Аъзам дар байни дӯстони наздикаш дар ҳамон питачоки худ мегуяд, ки агар Рустам ба сари вазифа наояд корҳо капут. Бояд роҳи гурезро пеша кунем,

Аъзам дар ҳангоми бангзанӣ даҳону кунаш ба гуфти Тоҷиддин як мешавад ва пурра ҳама чизро гуфта медиҳад. Аз руи баъзе гапҳо Тоҷиддин компромати хеле зиёд нисбати Аъзам ва падараш Навруз Алиевич дорад. Аз ҳамин сабаб аст ки на Аъзам ва на Навруз ӯро аз бозӣ яъне аз бизнеси маводи муххадир дур намекунанд. Лекин Раҳмонов якчанд маротиба гуфтааст, ки Тоҷиддин чужой аст, несташ кун «ё ма бачакора бгум убратуш кунан». Дар ҷавоб ҳамеша Навруз мегуяд, ки не Ҷаноби Олӣ монед бошад: «ин инсони лозимаяй дар Узбекистону Қазоқистон полный рост гапаш бо братваи онҷо мегузарад».

Беҳуда намегуянд, ки «Мероси падар хоҳӣ, касби падар омуз». Аъзам ҳам монанди падараш ба занҳои рус хеле шавқи зиёд дорад. Ҳоло дуюм зани офитсиалниаш рус мебошад, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунад. Вале монанди дӯсти наздикаш Рустами гунгак чашми гурусна ва хислату эътиқоди бехудоӣ дорад.

Инҷо як қисса нақл хоҳам кард. Якчанд сол қабл, Аъзам вақте ҳаромхонаи худро дар  Чумчуқарал  бо номи «Истиқлол» кушод, духтарони ҷавонро ба ҳайси пешхизмат ба кор гирифт. Вале онҳо тезтез иваз мешуданд. Бо яке аз рафиқонам ҳамсуҳбат шуда иллати онро пурсон шудам. Вай гуфт: «шеф кам-кам кокаин мезанад ва подкайф любой пешхизматба мечаспад, вай шу дорад, надорад по барабану». Ҳамунба базеш аз кор мебуравад, базеш мақул шавад квартирадор шуда «постаянка» ва ё тамоман гум мешавад.

Истиқлол хеле ҷои ҳарому фасодзада аст. То солҳои 2006 дар Хуҷанд, дар наздикии Агроинвестбонки собиқ дар як ҳавлии шаҳр қиморхона ҷойгир буд. Аммо ҳоло ҳама қиморбозон ба Истиқлол мераванд ва Аъзам худаш як чанд утоқҳои отделний кушодааст, ки қиморбозон ба бозӣ машғул мешаванд.

Ба қавли дӯстонам аз Бӯстон (Мастчоҳ), Навруз Aлиевич солҳои 90-ум ба ҳайси «менеҷери молия»-и пинҳонӣ ва махсуси Раҳмонов кор кардааст. Боре ӯро баъди марги Сангак ва Файзалӣ дар соли 1995 чанд узви собиқи гурӯҳи Файзалӣ дуздиданд ва нақшаи онҳо ин буд, ки ӯро тарсонанд ва пасандозҳои пинҳонӣ ё пулҳои дуздидаи Раҳмоновро, ки аз созмонҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон омада буданд, бигиранд. Ҳар гуна зӯроварӣ карданд ва ҳатто ангуштони ӯро буриданд, аммо ӯ чизе нагуфт, то он даме, ки дивизияи 201-уми артиши Русия омада, ӯро наҷот дод. Аз ин рӯ, тахаллуси Наврӯз Aлиевич «Пистолет» аст ва агар дар ҳар вохӯрӣ ё ҷамъомад ба нишасти вай таваҷҷӯҳ кунед, як дасташ ҳамеша пинҳон мемонад. Баъд аз ин Раҳмонов ӯро ба яке аз ғуломони наздиктарини худ табдил дод ва ҳамин аст, ки Раҳмонов ҳар дафъа ба Хуҷанд меояд, танҳо дар «Осоишгоҳи Бонки Миллӣ дар Қайроққум» мемонад. Наврӯз Aлиевич ба ҷуз аз наздик будан бо Раҳмонов ва муомилоти молии ӯ то имрӯз, дар тӯли 20 соли охир аз ҳукумат, бонкҳо ва дигар сармояҳои молии вилояти Суғд дастикам 120 миллион доллар дуздидааст. Дар наворҳои шумо ман ҳеҷ гоҳ надидаам, ки шумо аз ин «рыцари тира» ёд карда бошед. Писари ӯ ҳоло раиси Мастчоҳ- Аъзам яке аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ аст, аз ин рӯ, дар Хуҷанд мисли як бандит рафтор мекунад. Ҳоло ӯ ҳар ҷои дилхоҳашро барои худ интихоб мекунад ва мегирад. Дар Чумчуқарал дар қисми калони боғи ботаникӣ тарабхонаи шахсӣ ва маконе сохтааст, ки дар он асосан чизҳои ҳаром маъмуланд.

PS: Дар мавриди амалҳои дигари Навруз Валиев, масалан   контроли даромадҳо аз наркотикаи оилаи пешво Навруз Валиев дақиқан он кореро мекунад, ки марҳум Шуҳрат Исматуллозода барои Ҳасан Асадуллозода дар Ориёнбонк мекард.

Наврӯз Aлиевич солҳои тулонист, ки дар курсии  раиси «Бонки миллӣ» дар шимоли кишвар нишаста ин  корҳоро ба манфиати ин оила анҷом медиҳад.

Маълумотҳои ҷолиби дигаре аз робитаҳои Навруз Валиев бо қочоқчиёни маводди мухаддир дар Узбекистону Афғонистон ва низ инки дар ин тиҷорат саҳми Раҳмонов ва оилаи вай чи қадар аст, ва инки бо бародари Қодир Качалаев, ронандаи Раҳмонов,ки дар гумруки Суғд раис мебошад Навруз Валиев чи ҳамкориҳо дорад, маълумотҳои зиёде омадааст, ки ҳатман якеро паси дигар мунташир хоҳем кард.

Поёни бахши аввал, идома дорад….

Сообщение Раиси «Бонки миллӣ»-и вилояти  Суғд ё «дасти рост»-и Раҳмонов дар наркобизнеси шимоли Тоҷикистон появились сначала на ISLOH.net.

Раҳмонов пас аз интихобот Алимардонро зиндон мекунад?!
Қабл аз инки бипардозем ба асли матлаб ва хабарҳои расида дар мавриди Муродалӣ Алимардон. Мехоҳам каме ин моҷароро барои онҳое аз асли матлаб огоҳи надоранд шарҳ диҳам,то масала комилан равшан гардад.

Исматулло Ҳаёев, раиси корхонаи насоҷии “ХИМА-Текстил” ва писари марҳум Иззатулло Ҳаёев, собиқ сарвазири Тоҷикистон ва раиси Дастгоҳи иҷроияи президент Раҳмонов (солҳои 1994–1996) дастгир шудааст ва феълан дар маҳкамаи тафтишотӣ қарор дорад. Манобеи “Ислоҳ.нет” гуфтанд, ки боздошти ин тоҷири як замон сарватмандтарини кишвар ҳудудан 6 моҳи пеш ва дар дохили бинои “Агроинвестонк” тавассути ходимони амният сурат гирифтааст. Ҳамроҳ бо ӯ ҳамчунин чанд тани дигар аз тоҷирон, аз ҷумла ду ҷияни Муродалӣ Алимардон, ки гуфта мешавад бо “Агроинвестбонк”муомилаҳои қарзиву пулӣ доштаанд, дастгир вале каме дертар ҳарду ҷияни раиси “Агроинвестбонк” раҳо шудаанд. Новобаста аз раҳоии ду ҷиянаш Муродалӣ Алимардон тайи моҳҳои ахир тақрибан ҳамарӯза мавриди бозҷӯии бозрасони Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ қарор дорад. Ин шойеъаро, ки Муродалӣ Алимардонро ҳам чанд рӯзи пеш дастгир ва маҳкам кардаанд, манобеи мо тасдиқ накарданд. Вале як манбаи дигар аз доираҳои наздик ба мақомоти амниятӣ гуфт, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи Муродалӣ Алимардон, раиси “Агроинвестбонк” ва дар гузашта муовини сарвазир ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз кайҳо пеш омода шудааст ва феълан бурду овардҳои ӯ ба Кумитаи амният ба хотири луб-луҷ ва лухту урён ва сипас равон кардан ба зиндон сурат мегирад. Исматулло Ҳаёев ва Муродалӣ Алимардонро чӣ ба ҳам мепайвандад ва  “ХИМА” чи ташкилоте аст?

“ХИМА”чист ё кист?

“ХИМА” як ширкати ватанӣ аст ки тавассути Ҳаёев Исматулло ва Муродалӣ Алимардон ташкил шуда ва дар авоили солҳои 90 ба хариду фурӯши пахта машғул буд ва яке аз ширкатҳои муваффақи кишвар ба ҳисоб мерафт. Номи “ХИМА” аз ҳарфҳои аввали исму насаби муассисони он сохта шудааст. Иззатулло Ҳаёев, падари Исматулло Ҳаёев, ки соли 2015 дар Душанбе аз ҷаҳон даргузашт барои Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи зиёд дорад. Вай дар иҷлосияи 16-и Хуҷанд дар ноябри соли 1992 имкони 100% дошт, ки раиси Шӯрои олӣ интихоб шавад. Аммо ба фоидаи Раҳмонов номзадиашро пас гирифт. Солҳои 1994- 1996 роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва борҳо ӯро Раҳмонов, “пири давлат”-и худ хондааст. Ҳамин “пири давлат”, ки он солҳо дар давру бари Раҳмонов қарор дошт ва Муродалӣ Алимардон, ки раиси Бонки Миллии Тоҷикистон буд, ин ширкати пахтабизнесро фаъол карданд ва Исматуллои писари Иззатулло онро мечархонд. Он солҳо ташкилоти тиҷоратии “ХИМА” қисмати зиёди бизнеси пахта дар Тоҷикистонро дар даст дошт. Муродалӣ Алимардон аз қарзҳои наздики 1 миллиардолларии Сандуқи Байналмилалии Пул дар авохири солҳои 90 ва 2000 ба Тоҷикистон як қисмашро ба ҳисоби ин ширкат тавассути як ширкати дастисохти худ бо номи “Кредитинвест” гузаронд, ки баъдҳо ин маблағҳо на танҳо барои Алимардон, барои ҳукумати Тоҷикистон ҳам дардисарҳои зиёде ба бор овард. Дар ин бора як каме пойинтар хоҳем гуфт. Аммо ҳоло инро бигӯем, ки дар соли 2010 Исматулло Ҳаёев як корхонаи насоҷиро бо номи “Хима-Текстил” дар Ёвон роҳандозӣ кард. Инро ҳам бояд бигӯем, ки дар маросими ифтитоҳи ин ширкат чун одат Эмомалӣ Раҳмонов ҳузур дошт ва бо қайчӣ лентаи онро бурида буд. Ин корхона дар чандин намоишгоҳҳои дар хориҷ аз кишвар ҳамроҳ бо дигар ширкатҳои ватанӣ тавлидоти худро аз ҷумла дар Истамбул ба намоиш гузоштааст. Корхонаи нассоҷии “ХИМА-Текстил” бо 3.миллион доллар қарзи “Авангард”-як бонки Русия дар соли 2010 сохта шуда ва ба тавлиди ришта ва ё расан аз нахи пахта пардохт. Ба бозорҳои Туркия,Чин ва Русия ашёи худро ба фурӯш баровард. Аммо баъдан байни ин бонк ва “ХИМА-Тексил” бар сари шароити қарз нофаҳмӣ ба миён омад ва то ҳамин ҳоло баҳсҳои додгоҳии миёни онҳо идома дорад. Дар ду навбати баҳсҳои додгоҳӣ дар соли 2017 Тоҷикистон тавассути додгоҳи вилояти Хатлон ва Додгоҳи олии иқтиссодӣ даъвои бонки “Авангард”-и Русияро рад кард. Солҳои қабл, ки “ХИМА” ва роҳбари он аз шахсиятҳои сарватманди Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт як тими футболи Душанберо бо ҳамин номи “ХИМА” сарпарастӣ мекард ва дар соли зери сел мондани Кӯлоб ба офатзадагони кӯлобӣ дар шумори дигар аз соҳибкорон, аз ҷумла Зайд Сайид бо ташвиқи Маҳмадсаид Убайдуллоев чанд хона сохта ва ба онҳо анъом карда буд. Вале ҳоло гуфта мешавад, ки иллати боздошти ӯ ҳамкорӣ бо Муродалӣ Алимардон ва қарзҳои чандмиллионии ӯ аз “Агроинвестбонк” аст. Аз ин ҷост ки ӯ ва чанд нафар  коршарикони Алимардон ва ингор қарздорони калон ва саҳомони “Агроинвестбонк”-ро тахминан 6 ё 7 моҳи пеш барои як ҷаласа ба ин бонк даъват карда ва чанд нафари дигар аз ҷумла ду ҷияни раиси “Агроинвестбонк”-ро дар толори ҷаласа “задержат” ва ба дастонаш завлона зада мебаранд. Дар асл дар ин бонк кадом ҷаласае набуд, балки ҷаласа як дом барои анҷоми амалиёти боздошт буд. Ҳарду ҷияни Алимардонро як каме дертар таҳи “труси” яъне тамоми дору надорашонро гирифта сипас озод мекунанд. Аммо онҳо ҳамин ҳоло ҳам ҳуқуқи баромадан аз маҳалли сукунати худро надоранд. Як фермаи бузург дар Ҳисорро, ки бо номи фермаи Алимардон маъруф буд ва ҳам говҳои ҷушоӣ ва ҳам гуштӣ дошт ва ҳар кадоме аз онҳо аз 3 то 5000 доллар арзиш дошт ва гуфта мешавад 1500 сар бештар буд, ба номи яке аз фарзандони Эмомалӣ Раҳмонов гузаронидаанд. Ҳамчунин чанди гектар заминашонро ҳам бо боғу ток таслими онҳо кардаанд. Мо натавонистем, ки мушаххас намоем, ки ҳаҷми қарзи Исматулло Ҳаёев дар назди “Агроинвестбонк” чи миқдор аст ва дигар инки алайҳи ӯ Алимардонов ва ё кӣ кадом даъвое кардааст ё не.

Вале инки ӯ бо моҷарои марбут ба Муродалӣ Алимардону “Агроинвестбонк” ва ё шоядам ҳамон  “Кредитинвест” бошадро метавон ваҷҳи ин боздошт донист. Чуноне гуфтем дар вақтҳои ахир Муродалӣ Алимардон тақрибан ҳамарӯза дар таҳти бозҷӯии ходимони амниятӣ қарор дорад. Манбаъи “Ислоҳ.нет” мегӯяд феълан оилаи Раҳмонов мехоҳад моликияте, ки тӯли ин ҳама солҳо ин ду нафар ҷамъ оварда буданд, аз худ кунад. Вале ҳамзамон ба ин нукта ҳам ишорат мешавад, ки эҳтимолан тамоми моликияти онҳоро бар ивази озодӣ бигиранд ва ҳукм ба зиндон надиҳанд. Ба мисли Низомхон Ҷӯраев, тоҷири исфарагӣ, ки баъди фирор бо даъват ва замонати худи Раҳмонов ба ватан бозгашт ва боқии дороиву сарваташро ба номи Таҳмина Раҳмонова-духтари Эмомалӣ Раҳмонов  номнавис кард ва дубора гӯиё муваффақ ба фирор шуд. Ин дар ҳолест, ки то ба номи Таҳмина вогузор кардани дороиҳояш ӯ дар яке аз утоқҳои Оҷонсии мубориза бо коррупсия нигоҳ дошта мешуд. Вале дақиқ аст ки сарнавишти моликият ва дороиҳои Муродалӣ Алимардон, ки солҳо пеш аз наздиктарин нафарони Раҳмонов ва “спонсор”-и асосии ӯ маҳсуб мешуд ва исмаш ҳатто дар шумори миллионерҳои тоҷик дар нашрия ва маҷаллаҳои байналмилалӣ ҳам дарз карда буд аз молу дороиҳои Аваз Назар (Ансол) Умаралӣ Қувватов) Фароз ва Тоҷирон) Раҷабалӣ Одинаев ( Умед-88) Зайд Сайид, тоҷир ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон, Маъруф Орифов (Орима) фарқ нахоҳад кард.

Муродалӣ Алимардонро чӣ интизор аст?

Огаҳони вазъият мегӯянд, наздикони Раҳмонов солҳост, ки ба дороиҳои Муродалӣ Алимардон чашм ало кардаанд. Аммо Раҳмонов дар ҳар ҳол хидмат ва садоқати ӯ дар солҳои аввали ба қудрат расиданаш ва бахусус наздики 1млрд. доллари Сандуқи байналмилалии пулро муштарак обу лой карданро ба назар гирифта ӯро нигоҳ медошт, яъне аз муталошӣ шудан ҳифз мекард. Аммо азбаски бачаву набераву домоду духтарҳои Раҳмонов мисли гургони тездандон дигар наметавонанд “ждат” кунанд, ӯро аввал ба “Агроинвестбонк” раис монда ва ҳамин тавр ба тадриҷ тамоми дороиҳои дохили тоҷикистонии ӯро то ҳазорҳо гектар замини току боғ дар Турсунзодаву Ҳисору навоҳии Хатлон ва ҳамин тавр галаи рамаву асп ва фермаҳои чорпои ӯ, ки аз зотҳои шведиву ҳолландӣ ташкил карда буд, тасарруф карданд. Бар пояи маълумоти расида ба мо 18 адад рамаи гусфандони зоти ҳисории Муродалӣ Алимардонро ҳанӯз вақте Нуриддини акаи Эмомалӣ Раҳмонов зинда буд, кашида гирифта ба ӯ додаанд. Ин рамаҳо ҳар кадоме аз 1000 то 1500 сар гусфанд дошт, ки ин гусфандҳо то 70–90 кило гӯшт мегирифтанд. Ҳоло Алимардон ва наздикони вай дигар ба як ҳолату шароите расидаанд, ки ҳатто тавон ва имкони пардохти андоз ва қувваи барқро надоранд.

То чанд соли пеш байни Раҳмонов ва Алимардон як дӯстии бениҳоят қавӣ вуҷуд дошт, рафтуомад зиёд буд. Рӯзҳои шанбе ва ё бегоҳи ҷумъа роҳҳоро мебастанд. Бо чанд мошин аз Душанбе меомад ба дачаи Алимардон, ки дар як баландии хушобуҳавое, дар доманаи кӯҳ ва дар як масоҳати калон бино шуда буд. Президент инҷо шикор мекард, дам мегирифт. Алимардон сахт хизмат мекард. Ташкилӣ …арӯс..оҳу..хулоса бо тамоми санъат Ҳар ҳафта ва ё як ҳафта пас ҳатман ҳаминҷо меомад. Инҷо наздик, 15–20 дақиқа роҳ. Роҳро ҳам аз шоҳроҳ то истироҳатгоҳ хеле ҳам ружду мумпӯш карда буданд. То ҳадде наздик будаанд, ки солҳои 2003 то 2004 барои се адад шиму костюми Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Италия фармоиш дода шудааст, Бонки миллӣ аз ҳисоби бюҷет 90.000 доллар ҷудо кардааст.

Аммо ин равобити хуб баъди онки писари Алимардон розӣ намешавад, ки бо Зарринаи духтари Раҳмонов оила ба по кунад, ба тадриҷ ба сардӣ мегарояд. Раҳмонов пешниҳод мекунад, ки Заринаро келин кунад. Ба ин хотир Зарина ва писари Алимардон, ки рафиқи наздики Рустами Эмомалӣ ҳам будааст, чанд вақт барои ошноии наздик ба хориҷа ҳам мусофират мекунанд. Зимнан писари Алимардон ҳам мисли Шоҳрух Сайид аз рафиқони наздики Рустам буда ва барои Рустам гаронбаҳотарин тӯҳфаҳо мекардааст. Барои мисол чандин аспҳои зоти арабиву англисиро, ки то 500.000 доллар арзиш доштааст, инъом мекунад ва дар маъракаи бузкашиҳои Рустам ҳам гаронтарин солимро ӯ медодааст. Аммо ҳоло онҳо дигар рафиқ нестанд ва тамоман равуо ҳам надоранд. Як сабаби асосии чапгирии Раҳмонов Алимардонро ҳамин написандидани писари Алимардон духтари Раҳмоновро будааст. Воқеан ҳам агар кор танҳо кори давлат ва бар мабнои манфиати давлат буд, Раҳмонов Алимардонро метавонист дар соли 2008, замоне, ки дуздии беш аз 800 миллиондолларии кумакҳои МВФ ошкор шуд, метавонист шинонад ва маҳкам кунад. Аммо иллат дар он буд, ки он вақт кадом Ҳасан Асадулло,кадом Шералӣ Кабир, кадом Ҷамолиддин Нуралиеву кадом Рустаму Озодаро Раҳмон дар канор надошт ва худаш ҳам бо вуҷуди Президентӣ пулдор нашуда буд. Аввалин “траншҳо”-и пули калонро ӯ аз дасти Алимардон гирифтааст ва ҳамин пулҳои дуздишудаи МВФ аввалин дороиҳои калони Раҳмонов аст ки маҳз Алимардон ба суратҳисобҳои хориҷии ӯ ворез кардааст. Ҳоло дигар Алимардон, ки бори ахир дар ифтитоҳи чархаи аввали Роғун дар малаи ом дар соли 2018 ҳозир шуда буд ва як чойхонаи миллиондоллариро дар ҷашни 3000 солагии Ҳисор дар соли 2015 сохта инъом кард, дигар намоён намешавад, магар инки дигар меҳмони доимии бозҷӯёну муфаттишони оҷонсии мубориза бо коррупсия ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шудааст.

“Агроинвестбонк” ва дороиҳои онро Раҳмонов бо як қарор дар соли 2015 ба ихтиёри давлат гузаронида ва молу авмоли онро бар ивази як миқдори маблағ барои бозгардони пулҳои муштариён ба гарав гирифтааст. Ин маблағ, албатта, ки аз ҳисоби давлат аст. Аммо ин як “афера”-и навбатӣ аст, ки то охирин тангаи ҷамъовардаи Алимардонро кашида бигиранд.

Яке аз муфаттишони парвандаи Алимардон ба манбаи мо гуфтааст, ки Президентро форидааст, ки миллионҳои Алимардоновро аз они худ кунад. Аммо гуфтааст ин муфатиш  “ин узбак (Алимардон) бисёр ҳам муғамбир будааст ва тамоми пулҳояш дар ҳисобҳои хориҷии ӯст. Ҳеҷ чизе наёфта истодаем. Барои ҳамин президент ҳоло барои дастгир кардани Алимардон ”заинтиресованний” нест. Пас, ин ҳама миллионҳо долларро бояд чи тавр пас бигирад?

Аммо Алимардон дигар чизе надорам гуфта вақтро кашол дода истодааст”.

Ин муфаттиш ба манбаъи “Ислоҳ нет” гуфтааст, бар асоси қисми чаҳори моддаи 246-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон- тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда- алайҳи Муродалӣ Алимардон парванда боз шудааст ва ӯро аз 8 то 12 соли зиндон дар пеш аст ва дур нест, ки дар паҳлуи Ҷамшед Зиёев, раиси “Тоҷпромбонк” бибаранд. Ин ҳама бурдану оварданҳо ба хотири он аст ки битавонанд пулҳои дар хориҷа будаи ӯро ҳам ғасб ва тасарруф кунанд. Аз ин ҳолатҳои зиёду бозҷӯиву бозпурсиҳо як навбат инфаркт ҳам гирифтааст. Вале ҳоло пойи “Агроинвестбонк” ба додгоҳҳои байналмилалӣ кашида шуда аз кашфу ошкор шудани суратҳисобҳои саршор аз миллионҳо долларии ин бонк дар хориҷ аз кишвар ва аз ҷумла дар Амрико хабарҳо мунташир мешавад. Ба назар мерасад қарори ахири яке аз додгоҳҳои Амрико дар робита ба “Агроинвестбонк”,ки ӯро аз як ширкати хориҷӣ қарздор ҳисобид, ба тасмими ҳабси Алимардон ранги дигар медиҳад. Зеро, он вақт маълум нест, ки аз тани Алимардон ба додгоҳи Амрико ва он ширкати қарзхоҳ кӣ ҳудуди 30 миллион долларро пардохт мекунад. Ин ҳам дар ҳоле аст ки як бахши умдаи саҳоми ин бонк ва низ амволи ғайриманқули он дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон аст. Вале дар ҳар ҳол сарнавишти Алимардон баъди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки то чанд рӯзи дигар доир мешавад, маълум хоҳад шуд…

Сообщение Раҳмонов пас аз интихобот Алимардонро зиндон мекунад?! появились сначала на ISLOH.net.