Архивы Муроди сиёҳ - ISLOH.net

«Ислоҳ»-корашро мекунад!
Ин матлабро, ки зери унвони «Пешвои муаззами шаҳри Конибодом» кист?» бисту дуюми декабри соли 2023 ба нашр расида буд, дар ёд доред? Онро метавонед таҳти ин линк пайдо кунед:  https://isloh.net/peshvoi-muazzami-shahri-konibodom-kist

Дар ин матлаб мо роҷеъ ба паҳлуҳои фаъолияти пур аз ҷурму ҷинояти раиси ҳамакнун собиқи шаҳри Конибодом Абдусалом Тухтасунзода навишта будем. Барои онки суҳбат ва суханамон ба дарозо накашад ва зуд ба асли матлаб наздик бишавем як иқтибос аз он мақола меоварам:

«Баъди нашри матлаби «Бомба дар Конибодом»  мардуми Конибодом хурсанд шуданд, ки аз корҳои ғайриқонунии раиси шаҳри Конибодом Тухтасунзода Абдусалом дар Ислоҳ. ТВ гуфтанд. Дар Ютуб онро ҳамакаса дидем ва ончи навиштеду гуфтед рост мебошад. Ин раиси шаҳр Конибодомро давлати алоҳида кардааст, давлат дар даруни давлат. Ба мақомоти қудратӣ супориш додааст, ки амру қарорҳои ман дар даруни шаҳри Конибодом иҷро карда шавад ва агар ба қарорҳои ман ягон шаҳрванд зид барояд, онҳоро дело кунед ва маҳбас карда шавад. Дар ҳукумати шаҳр дузду ғару ҷалабро ба гирдаш ҷамъ карда аст. Онҳо ранги попугай раиси дуздро таърифу тавсиф мекунад ва аз Ҷаноби олиашон ҳам болотар мемонанд. Ин дузди заминфурӯш дар Конибодом раис шуду ба фурӯши ҳама ҷойҳо сар кард. Ягон замини холӣ ҳам намонд. Ҳамаашро фурӯхт. Дузду ғоратгарии Абдусалом Тухтасунзодаро ҳама медонад. Дар як маҷлис роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Қудратуллозода С. гуфт: «муҳтарам раиси шаҳр Тухтасунзода Абдусалом Пешвои муаззами шаҳри Конибодом мебошад, муҳтарам раиси шаҳр Конибодомро обод кард, раисони пешинаи Конибодом ин қадар ободӣ накарда буданд…»

Хонандаҳои доимии «Ислоҳ» медонанд, ки мо ҳеҷ гоҳ муаллифи худро, бо далоили маълум, ошкор намекунем. Ин матлаб низ бар мабнои номаҳои сокинони Конибодом чоп шуда буд. Баъди нашри он то як солу ним моҳи дигар ҳам Тухтасунзода раиси Конибодом буд ва танҳо дар аввали соли ҷорӣ-чоруми январ аз мақом барканор карда шуд. Дар фармони раиси ҷумҳур сабаби барканории вай   аз ин мақом «ба кори дигар гузаштан» гуфта шудааст.

Аммо ҳануз ҳамон вақтҳо хабарҳое ба мо расида буд,ки муқобили Тухтасунзода кори ҷиноӣ боз шудааст. Мо, дар яке аз номаҳо ин хабарро расонидем, ки чанд рӯзи пеш раиси собиқи Конибодом дастгир гардид. Инак хабари боздошти вай расман тасдиқ шуд ва радиои  «Озодӣ» сеюми апрел матлабе нашр кард, таҳти ин унвон: «Аз Узбекистон оварданд» Боздошти раиси собиқи Конибодом:   www.ozodi.org/a/bozdoshti-raisi-sobiqi-konibodom-va-chand-maqomdori-digar/33372339.html

Хулосаи мо, ба як калом ин аст, ки агар мақомот ҳануз, дар декабри соли 2023, ду соли қабл, замоне,ки матлаби «Ислоҳ» мунташир шуд, дастбакор мешуд, шояд аз хеле аз ҷароими ҳануз анҷомнадодаи Тухтасунзода ҷилавгирӣ мекард. Аммо манобеъи мо мегуянд, ки Абдусалом Тухтасунзодаро, онгуна ки «Озодӣ» навиштааст, аз Узбакистон наовардаанд, балки дар роҳи фирор ба самти Самарқанд  ба ҳангоми убур аз марзи Панҷакент боздошт кардаанд. Айни замон ин «пешвои муаззами Конибодом» сокини СИЗО-и Хуҷанд аст.

Ҳоло саволи аз ҳама асосӣ ин аст ки Абдусалом Тухтасунзода бо чи иттиҳоме дастгир шудааст? Вай бо ришвагирӣ ва қаллобӣ муттаҳам мешавад вале нафаре, ки аз ҷараёни қазия иттилоъ дорад мегуяд иттиҳомоти тоза болои айбҳои Тухтасунзода зам шуда истодааст ва ончики дар матлаби «Ислоҳ» дар ду соли пеш дар бораи вай навишта шуда буд, низ ба пуррагӣ дар парвандаи ҷиноятии вай дохил карда шудааст.

Мо чи гуфтанием? Мо гуфтанием, ки ҳануз ду соли пеш дар бораи ҷиноятҳои заминфурӯшӣ, порагирии ошкоро ва қаллобии раиси Конибодом навиштем аммо мақомот гуё надид ва гуфт, ки ин расонаи мухолифин аст ва айбҷуӣ мекунад. Аммо ҳоло бармеояд, ки ончики Ислоҳ навишту гуфт, тасдиқ мешавад. Бале хуб донед «Ислоҳ» туҳмат намекунад балке таҳқиқ мекунад месанҷад агарчи дар хориҷи кишвар ҳам бошем вале ҳама маълумоти мувассақро аз дохили кишвар мегирем.

Аз ин қабил мақолаҳо дар сайти «Ислоҳ» зиёд чоп шудааст. Аммо мақомот вонамуд мекард, ки намедид, вале ҳатман дунболи он мерафт ва ҳоло акнун ва тоза фаҳмидааст, ки «Ислоҳ», ҷудо аз онки минбари бар зидди Раҳмонов ва диктатураи вай аст, ҷузъи таркибӣ ва муҳимми Тоҷикистон мебошад ва аз ҳаводису иттифоқоти кишвар фақат воқеиятро мегуяд ва намешавад аз паҳлуи он рад шуд ва худро ба нодонӣ зад.

Бале, хонандаи закӣ ва ҳушманди «Ислоҳ». Мо, ки дар даруни кор ҳастем, хуб мефаҳмем ва мебинем, ки ҳатман «Ислоҳ»-ро мешунаванд ва пайгирӣ мекунанд ва тан медиҳанд. Албатта, эълон намекунанд, ба ру намеоваранд, талош мекунанд, ки бохабарии худро махфӣ доранд, нишон доданӣ мешаванд, ки аслан коре ба кори «Ислоҳ» надоранд, гуё дунболи кори худ ҳастанд, аммо, мо ки мефаҳмем ва мебинем, ки чи таъсиру чи нақше гузошта истодаем.

Барои ин ки сухани хушку ҳавоӣ назада бошем як мисоли дигар меоварем, то исбот бишавад, ки «Ислоҳ» кори худро карда истодааст. Барои ин ба як матлаби дигари «Ислоҳ» ишора мекунем: «М.Зокирзода: «фалон мекунӣ ҷаноб паноба, тиха сума бгир ҳуҷҷат карда бтеша брава». https://isloh.net/m-zokirzoda-falon-mekuni-janob-panoba-tiha-suma-bgir-hujjat-karda-btesha-brava. 11.08.2022

Ин мақола ёздаҳуми августи соли 2022 чоп шуд ва гуё пинаки Раҳмонов ва тими вайро напаронд. Нишон дод, ки Зокирзодаро барои «Ислоҳ» шуда сур намекунад. Аммо сур кард. Оқибат сур кард.

Зокирзода танҳо нафаре шуд, ки фақат як бор раиси Маҷлиси намояндагонаш монданд. Дар ҳоле, ки пешгузаштаҳояш, масалан Сайдулло Хайруллоев ва Шукурҷон Зуҳров ду навбатӣ раиси Маҷлис шуда буданд. Ин ду ҳам аз ҳавзаи рақами 12-и шаҳраки Навобод, қитъаи райдиҳии Рашт (Ғарм) вакил пешбарӣ ва интихоб шуда буданд.

Дар зимн, дар бораи Маҳмадтоир Зокирзода матолиби зиёди дигар ҳам дар «Ислоҳ» чоп шуда буд ва имкон надошт, ки Раҳмонов ва ёвари умури кадрҳои вай Асадулло Раҳмон- Сумбулоғо, ки журналист аст (мегуянд, ки як ноутбук ва як телефони махсуси ҳамроҳ дорад, ки дар онҳо 24 соат шабакаи «Ислоҳ»-ропайваста мебинад) ин ҳама ҷароими Маҳмадтоир Зокирзодаро набинад ва Калонро дар ҷараён нагузорад.

Зокирзодае, ки барои мисол «раиси боздоштшудаи ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизодаро аз дасти мақомот канда» гирифт. Хабари дастгир шудани Муқимӣ Раҳимҷон Набизодаро расонаҳо аз қавли мақомот чоп карда буданд. Аммо на танҳо канда гирифт, балки дар ҷояш оварда монд ва нишон дод, ки Ғарм дар дасти кист ва Зокирзода то куҷо ҳукми раво ва дасти боло дорад дар ҳукумати Раҳмонов. Аммо «Ислоҳ» ин паҳлавонро ҳам ба замини сияҳ зад. Барои исботи гуфтаамон исми чанде аз матолиби роҷеъ ба М.Зокирзода нашр намудаамонро меоварем:

«Ҷиноятҳои Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон:  https://isloh.net/jinojathoi-mahmadtoir-zokirzoda-raisi-majlisi-namojandagoni-tojikiston»  10.03.22

«Чаро Раиси Маҷлиси Намояндагон момаи Мавҷигул Ғарибоваро мешинонад? https://isloh.net/charo-raisi-majlisi-namojandagon-momai-mavjigul-gharibovaro-meshinonad/»

«Порагириҳо, шантажи мақомот дар назди «пешво»и раиси порлумонро медонистед?  https://isloh.net/poragiriho-shantazhi-maqomot-dar-nazdi-peshvo-i-raisi-porlumonro-medonisted/ »

«Боздошти узви «ММ МО» раиси н.Рашт ҳақиқат ё овоза? 23.01.2023 https://isloh.net/bozdoshti-uzvi-mm-mo-raisi-n-rasht-haqiqat-yo-ovoza ( моҷарои боздошти раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси Миллӣ, барандаи ордени давлатии «Дӯстӣ» Муқимӣ Раҳимҷон Набизода».

Бархеҳо мегуянд, ки сари Зокирзодаро ҳамин қазияи раиси собиқи Рашт хурд, вале мо кореро, ки кардем ҳамонро гуфтем. Вагарна Зокирзода, барои Раҳмонов ва баччаи вай Рустам «вредний» набуд. Аммо, як каме ҳаво гирифта буд ва фикр мекард, ки водии Қаротегинро Раҳмонов ба вай супоридааст. Барои ҳамин як нафари аз Зокирзода «чмо»-тар Файзалӣ Идизодаро дар ҷойи вай оварду монд ва ҳоло маълум нест, ки Зокирзодаро куҷо бурдааст, вазифае додааст ё хайр?Гуё дар ҷойи баччаи Нуриддин Ҷартиевич раиси Оҷонси назорати соҳаи маориф монда бошад.

Дар ҳақиқат дар ҳадди ақал 25 сол ё чоряк асри ҳукумати Раҳмонов барои аввалин бор аст ки раиси Маҷлис як маротиба дар ин вазифа кор мекунад ва барои бори дуввум пешниҳодаш намекунанд. Ва, ончуноне худ шоҳид шудед Маҳмадтоир Зокирзода дар сафаҳоти «Ислоҳ» ба яке аз манфитарин ва манфуртарин персонажҳо бадал шуда буд. Чунки дар ҳақиқат гузаронида буд ва гуё вай ҳокими мутлақи Қаротегин буд, ки то таъйини як бригадир мудохила мекард. Кореро, ки диктаторе мисли Раҳмонов тоқат ва таҳаммул карда наметавонад.

Аммо, Раҳмонов ва тими вай, бо вуҷуди онки диданду огоҳ шуданду фаҳмиданд, ки «Ислоҳ» ҳақиқат ва воқеиятро мегуяд, номардонаву бешарафона, бо «Ислоҳ» ва онҳое,ки барои «Ислоҳ» менависанд, душманӣ меварзанд ва саъй мекунанд, ки мардумро аз робита бо мо манъ кунанд, дар ҳоле, ки бояд ба ислоҳи вазъ бикушанд ва бубинанд,ки «Ислоҳ» дуруст мегуяд ё хайр?

Ду соли пеш янгаи Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар як суҳбат бо муаллифи ин сатрҳо аз мусибати ба сараш омада ҳикоят карда ва хоҳиш намуд, ки тавассути Ислоҳ арзи ӯро ба гуши Раҳмонов бирасонем. Ва, агарчанде мо, огоҳаш намудем, ки имкон дорад шуморо барои ҳамкорӣ бо мо азият диҳанд, аммо ин бону гуфт, ки вай бовар дорад, ки агар Раҳмонов аз вазъу ҳоли вай хабар ёбад ҳатман кумакаш мекунад ва дар ниҳоят матлаби мо зери ин унвон чоп шуд: «Додхоҳии янгаи Қ.Маҳкамов аз Э.Раҳмонов https://isloh.net/dodho-ii-yangai-ma-kamov-az-e-ra-monov 17.05.2023
(шикояти зани бародари Қаҳҳор Маҳкамов, собиқ Президенти Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Тоҷикистон ).Ин мақола 17уми майи соли 2023 чоп шуд. Баъди ин мақола ин хонумро, ончуноне интизораш мерафт барои чанд сол равонаи зиндон карданд. Ва дар таърихи 6 апрел дар радиои «Озодӣ» матлабе бо ин сарлавҳа «Дод мезад, ки президент номаи маро мебинад». Чаро хешованди Қаҳҳор Маҳкамовро озод накарданд? https://www.ozodi.org/a/dod-mezad-ki-prezident-nomai-maro-mebinad-charo-kheshovandi-qahhor-mahkamovro-ozod-nakardand-/33375145.html чоп шуд, ки ин бонуи 74 сола аз зиндон ба Раҳмонов муроҷиат карда ва хоҳиши шомили бахшиши Раҳмонов шуданро карда будааст.

Аммо ҳамчуноне ин расона менависад: «Меҳринисо Маҳкамова, ҳамсари бародари президенти пешини  Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов, бо вуҷуди дархостҳои батакрор, зан ва модар будану бемории саратон доштанаш, ба рӯйхати маҳбусони бахшидашуда шомил нагаштааст».

«Озодӣ» пораеро аз суҳбати бо банда кардааш ҳам иқтибос меоварад, ки лозим донистам инҷо биоварам:

«Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи «Ислоҳ» дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки аризаи Маҳкамоваро нашр кардааст. Мудири «Ислоҳ» мегӯяд, қабл аз нашри ариза дар «Ислоҳ. нет», ба Маҳкамова ҳушдор дод, ки ин кор барояш дар Тоҷикистон дарди сар хоҳад овард, вале Маҳкамова ба талаби худ пойфишорӣ кардааст. «Меҳринисо Маҳкамова гуфт, ки ба муфаттишони додситонию додгоҳҳо бовар надорад. Дар ин чанд соле ки муроҷиат кардаасту аризаҳо пешниҳод кардааст на ин ки надидаанд, балки боз кӯшиш кардаанд, ки ӯро ба беморхонаи бемориҳои руҳӣ баранду гӯянд, ки ӯ як бемор аст,» — мегуяд Муҳаммадиқболи Садриддин».

Албатта, агарки Раҳмонов ва ҳукумати ноуҳдабарои вай ба моҳияти ин шикояту даъвои яке аз пайвандони нахустин раиси ҷумҳурии Тоҷикистон расидагӣ мекард, на ба дунболи он мерафт, ки ин хонум бо як мухолиф арз кардааст, кор ба ин шаклу мазмун тағйир намекард ва як бонуи бегуноҳ на зиндон мешуд ва на аз молу милки ҳақи ҳалоли худаш маҳрум мегашт.

Мо, инҷо кори як расонаро анҷом додем, на беш аз ин. Вагарна бидуни онки ин хонумро аз пайомад ва натиҷаи муроҷиаташ бо мо огоҳ намоем аризаи ӯро чоп мекардем. Агар Раҳмонов ва мақомоти чоплуси вай ҳам мардонагӣ ва адлу инсоф ба харҷ медоданд, ҳоло ин зан ва амсоли вай барои Раҳмонов изҳори ташаккур мекарданд, вале яқин аст ки ҳоло ин зан дар зиндон ҳамарӯза дуъои ҷонбароии Раҳмоновро карда истодааст. Чунки новобаста аз онки таҳқиру тавҳин мекунанд, хоиннавозиву душмантарошӣ мекунанд, пушти даст мезананд, вале расона расона аст, кори худашро мекунад. Мо даҳҳо факту далели дигар ҳам дорем, ки барои ҳамкорӣ бо «Ислоҳ» нафарҳоро маҳкум ба зиндон мекунанд. Муаллифони мо даҳҳо бор навиштанд, ки чопи ин ё он матлаб боис шуд, ки фулон мушкилу масъаларо мақомот ҳал намоянд.

Масалан дар Исфара як раиси ҷамоат ё корманди ҷамоат буд, баъд аз онки дар бораи фиребу ғиромиҳояш дар Ислоҳ нашр шуд, хесту саркалапо гурехт ва ҳоло дар кадом шаҳрҳои Русия баҷо шудааст. Мо, аз пеши худ чизе наменависем. Вале агар бо мантиқи мақомоти Раҳмонов файсала бишавад ҳоло мебояд мақомоти Конибодомро дар ҳамкорӣ бо «Ислоҳ» ба ҷавогарии ҷиноятӣ кашид? Чунки Тухтасунзодаро боздошт кард ва парвандаи ҷиноияш бар мабнои матолиби «Ислоҳ» тафтиш мешавад

Ҳам дар мавриди қазияи Абдусалом Тухтасунзода ва ҳам дар мавриди ҳолати Зокирзода ва ҳам дар мавриди янгаи Қаҳҳор Маҳкамов мо-«Ислоҳ» фақат кори худро кард, албатта, ба унвони як расонаи озод.

Аммо фақат ҳамин Абдусалом Тухтасунзода аст, ки дар мақоми раиси ноҳия ва намояндаи Президент ҷиноят содир кардааст? Дигарҳо, масалан ҳамин Қурбони бех-императори Вахш аз Тухтасунзода беҳтар аст? Ва ё раиси ноҳияи дигар, масалан раиси пешини ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим, ки ҳоло Раҳмонов боз бурду раиси ноҳияи Зафаробод таъинаш кард?. Дар як соли раиси Айнӣ будани Муродзода Муқим соҳиби 20 мошини боркаши дулан шудааст. Як Дулан камикам 50 000 доллар нарх дорад. Хуб, ин пулҳо аз куҷо?

Пас, ин сарусадоҳо, ки бепул ягон кас раиси ноҳия намешавад, ба Сумбулоғову Озодаву Шаҳбозу дигару дигараш доля дода раис  мешавад, дуруст будааст. Фикр мекунед, Раҳмонов намедонад, ки суд, милиса ,прокурор пул барои мошини хидматӣ надорад, заправка аз ҳисоби бизнесмену корафтодаву даъвогару ҷабрдидаву дигару дигар аст.

Хабардор аст, балки худи Раҳмонов ва бачаҳои вай ва ёварони вай мусоидат мекунанд, ки ҳамин тавр бошанд. Чунки Раҳмонов ҳукуматро дар дуздӣ, ғорат, андухтани сарват мебинад. Ҳукумат барои Раҳмонов ҳамин аст.

Масалан барои истиқболи Раҳмонов пул ҷамъ мекунанд, Раҳмонов хабардор нест?100% хабар дорад, балки худаш аз даруни қасри Миллат истода онро ташкил мекунад. Мутмаинан, иллати асосии боздошт ва муҷозоти А.Тухтасунзода ришвату қаллобиву заминфурушӣ нест, вай ё доля надодааст ё чи коре дигар кардааст, ки ба машоми Раҳмонов ва одамони вай бад расидааст. Вагарна

Тоҷикистонро пораву ришват фаро гирифтааст. Ин давлат дар дарун ва аз дарун пусидаву тосидаву чизеаш намондааст. Балки поя ва асоси ҳокимияти Раҳмонов ин ришвату фасоду коррупсия ҳаст. Бар сари Тухтасунзода, ки яқинан коррпусионер аст иттиҳоми коррупсияро мезананд. Аммо бори дигар мегуям, ки иллати аслӣ дигар, шояд доля набурд, шояд кам бурд, шояд чи хатое аз вай сар зад, ки ин хатоӣ марбут ба коррупсия нест. Чунки инҷо ҳама коррпусионер аст. Инҷо ҳар қадар, ки коррупсионер бошӣ, технологияҳои нави коррупсия ва коррупсиониро кашф ва татбиқ кунӣ болонишин, мавриди эътимод ва ситоишу ҳамду тамҷид мешавӣ.

Инро низ бояд афзоям,ки «Ислоҳ» тавонист дар тули фаъолияти 8 солаи худ ба дарди ин миллат алҳамдулиллоҳ расидагӣ кунад. Сари хело аз коррупсионерҳо, золимон ва мардумозоронеро ба зер кардааст. Қаноатшо Лоиқзода, Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, Муроди Сиёҳ, Сангов Миралӣ Раҷабович, Давлаталӣ Сайд, Ҷамолиддин Нурализода, судяи Конибодом ва садҳо раиси ҷамоатҳо, масхули бахши танзим ва маҳаллаҳое,ки мардумро зулм мекарданд. Инчунин даҳҳо прокурор ва корманди ВКД ва КДАМро ҷиноятҳояшонро ошкор ва бархе комилан ронда шуданд ва бархе дар ҳолатҳои ногувор қарор доранд.

«Ислоҳ» масъулияти худро иҷро мекунад ва дуруст аст, ки қарор дар дасти Раҳмонов ва мақомоти ӯст. Аммо бовар кунед қаҳрамони «Ислоҳ» ҳатман мавриди муҳокима қарор мегирад. Раҳмонов як коррупсионер ва диктатор аст,дар ин ҳеҷ шакку шубҳае надорем, аммо наметавонад қаҳрамонҳои «Ислоҳ»-ро, ки намояндагон ва мақомоти ӯянд барои бақои ҳукуматаш ва тоза нишон додани худ аз амалкардҳои онҳо чашм пӯшад.

Аммо рузнома, бигзор электронӣ, бигзор оппозитсионӣ ва танҳо дар интернет ҳам бошад, агар миссия ва масъулияти худро беғаразона, холисанлиллоҳ, ҳақанҳақо анҷом диҳад, мухотаби вай ногузир мешавад, ки бо вай ҳисобу китоб кунад. Барои ин кор бояд журналист ва корманди он расона рисолати касбии худро дар мақоми аввал бигзорад ва тамоми чизи дигарро баъди он бимонад.

Мегуфтанду ҳоло низ мегуянд, ки аз шумо суиистифода мекунанд, шуморо барои муборизаву баҳсҳои дохилиашон истифода мебаранд, ба шумо фалониҳо бар зидди фалониҳо мавод медиҳанд. Хуб, ки чӣ? Насиҳат мекунанд, ки туфанг ва дашнаи дасти касон набошем.

Меъёри мо Ислоҳиён виҷдон ва имонамон аст. Бигзор аз минбари мо истифода кунанд, бигзор мавод диҳанд. Мо, дар онки дар пушти саҳна, бар фарзе байни СС.Ятимову Мансур Умаров ва  Юсуф Раҳмону Р.Раҳимзода ва ё Сумбулоғову дигару дигараш чи баҳсу даъво аст ва ба кору амали Фаттоҳи Саиду Шоҳрух сабзибадаст коре надорем. Вале, агар дидем, ки маводи дастрасшуда ва чопу навори он бар суди миллат аст, мардумро огоҳ мекунад, мешиносонад мефаҳмонад, ҳатман чоп мекунем. Бигзор ҳатто баҳсҳои даруниву дохилиашон бошад.

Масалан яке гуфт, ки яксара интиқод мекунӣ, пас ҳукуматро гирифтем бо кӣ кор мекунем? Ин вақте буд, ки дар бораи як бонкир матлабамон чоп шуд. Воқиан ҳам, ончики чоп шуд, бо далелу арқом буд ва агарки рад мекард, раддия ва вокунишашро чоп мекардем. Аммо накард.

Ва, дар охир як мисоли конкретии дигар меоварам, ки тасдиқ мекунад «Ислоҳ»  кор мекунад ва кор карда истодааст. Ин мисоли конкретии моро матлаби дигар «Ислоҳ» собит мекунад, ки бо ин унвон мунташир шуда буд: «ҲНИТ моли як кас нест, ки бихоҳад абаддудаҳр биистад. ҲНИТ мактаби пуё ва дар ҳоли таҳаррук аст». https://isloh.net/hnit-moli-yak-kas-nest-ki-bikhohad-abaddudahr-biistad-hnit-maktabi-puyo-va-dar-holi-taharruk-ast

Аз ҳақ набигзарем, ки ҳамин навиштаи «Ислоҳ» сабаб шуд, ки аз интихоби аҷулонаи раиси нави ҲНИТ, ки ҳатто барояш замон таъйин карда буданд, мавқуф гузошта шавад. Чаро? Чунки ончики «Ислоҳ» навишт ҳақиқат буд, ҳақиқати талх, ки ҳоло ними нисфашро ҳам нагуфтаем.

Баъди чопи ин навишта он қадар ҳарфу ҳадисеро ба мо фиристоданд ва он қадар аз сиру асрори то ба ҳоло бароям номаълум гуфтанд, ки агар ночор шудем, дар оянда хоҳем гуфт. Бале, ин кори расона аст ки хабардор кунад.

Расона агар рисолаташро содиқона анҷом диҳад ҳама тибқи қонун зиндагонӣ мекунанд. Мумкин аст пурсед чихел?

Шахси мансабдор, раиси ҳар ниҳод дар ҳар амалкардаш ҳамеша бо диққат кор мекунад, то мабодо ин амалкарди ман ба расонае расад ва ин амалам расонаӣ шавад. Ҳамин аст,ки Раҳмонов бисоти расонаҳои мустақил дар кишварро барчид,то дигар ҳарчи мехоҳанд бикунанд ва касе онро ба мардум нарасонад. Дар ҳоле агар расонаҳои дохили кишвар фаъолу озод мебуданд,мардум барои як расонае,ки бо вай ҳамкорӣ мушкил пеш меоварад муроҷиат намекард ва сатҳи ҷинояткорӣ ҳам аз боло то ба поён хело кам мешуд.

Агар расона хабардор шаваду хабардор накунад вай чи расона аст. Ман аз инки расонаӣ шуд хафаву нороҳат намешавам. Дунболи он ҳам намегардам, ки он нафароне, ки маълумотҳои сирриро ба ман доданд, маро суистифода карданд ё хайр? Муҳим онки маълумоти додаи онҳо воқеӣ аст ё сохта. Ва, оё он сирри дохилӣ сири дохилии як кас аст, ки аз ифшояш зери бори шарму хиҷолат мемонад ё асрори гурӯҳе аст ки мехоҳад ҳамаро гулу гаранг пиндорад. Барои ҳамин ҳатман расонаӣ хоҳем кард. Чун «Ислоҳ» кор мекунад!

Сообщение «Ислоҳ»-корашро мекунад! появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №215
Номаҳои фиристодаи шумо тавассути мақомот ҳатман расидагӣ ва баррасӣ мешаванд. Мақомот тазоҳур мекунанд, ки намебинанд. Аммо ҳатман мебинанд ва месанҷанд. Чунки онҳо фаҳмиданд, ки ончики дар «Ислоҳ» чоп мешавад ифодаи ҳолату воқеияти рӯз аст. Инки «фабрикаи ҷавоб»-у Авангард аз нав фаъол шуданд ва ҳамарӯза садҳо навиштаи беасосу бемаънӣ бар зидди мо чоп мекунанд, як далели равшани он бошад, ки режим беш аз пеш дар гирудору набарди мафкуравӣ бо шикаст рубару мешавад, далели дигар навиштаҳои худи шумо аст ки аз натиҷа ва асароти номаҳои чопшуда ба мо маълумот мефиристед.

Номаҳои омада аз Кушониён ва Нуробод далели раднопазир ба ин гуфтаҳои мо аст:

Кушониён

Ассалому алейкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқбол. Мо чанд вақт пеш дар бораи раиси ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён  ба шумо нависта будем ва шумо ҳам нашр кардед.

Бо баракат ва шарофати барномаи Шумо ӯро аз кор гирифтанд. Муроди сиёҳ ном дошт. Ман фикр намекардам, ки барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и «Ислоҳ»  ин тавр таъсир мегузарад. Фикр мекардам, ки онҳо навиштаҳои «Ислоҳ»-ро дар мадди назар   намегиранд, аҳамият намедиҳанд. Вале дидам, ки ин барномаҳо бисёр фоида доштааст. Муроди сиёҳро аз вазифа гирифтанд. Ду сол пеш вай раиси ҷамоати Кушониён буд ва ба сабаби заминфурӯшии ғайриқонунӣ дастгир шуда буд. Як моҳ дар СИЗО шишт вале бо кумаки Раиси ноҳия Икромиддин Вализода писари Сироҷи Валӣ боз баромад ва боз раиси ҷамоат шуд. Дар бораи вай дар «Номаҳо…» тахминан ду моҳ пеш чоп шуда буд. Аз байн ду ҳафта нагузашта аз вазифа гирифтанаш. Вале боз дар военкомати ноҳия чи вазифае гирифт. Барои аз облава наҷот додани як ҷавон танҳо барои як призив (мавсим)5000 сомонӣ бо корманди кумитаи амният мегирифт. Вақте раиси ҷамоат буд, барои як справка аз сӣ то чил сомонӣ мегирифт. Бо ҳамроҳи танзим барои иҷозати як туйро гузаронидан то 500 сомонӣ мегирифт. Ва боз маҷбур мекард, ки ба ягон газета обуна шавед.

Мо, инҷо чандин нафар ҳастем ва ба ин қарор омадем, ки минбаъд барои шумо бештар менависем. Ба шумо барори кор мехоҳем. Аз сокинони ноҳия хоҳиш менамоем ҳатман нависанд ноадолатиҳое мебинанд ва натиҷаашро бо чашмони сарашон мебинанд.

Роғун

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!

Аз Роғун бароятон менависам. Дар тарафҳои мо мардумро дар деҳаҳо ҷамъ намуда маҷлис гузаронида дар бораи интихобот ва хизматҳои беназири пешво гап зада истодаанд. Фақат таърифу тавсифи пешво аст кору бор ва зиндагию давлату давлатдорӣ.

Аз аввали феврал, ҳоло, ки фармони барои облава набаромада, дар тамоми Роғун  ва деҳаҳои атрофи он облаваро сар кардаанд

Як баччаи амакам бечора тавалудаш 1999, ҳоло ҳам бе зан. Ҳамин як моҳ пеш рафт аз Русия фотиҳааш карданд. Ҳадаҳо военкоматҳо ба сараш рафтанд. Боз бечора омад Русия.

Деҳаи мо Чашмаи кулоҳ ном дорад. Ба шаҳри Роғун дохил мешавад. Як намуд ҳаромхурӣ инҷо рафта истодааст. Мардум аз дастаи аблавачико талхакаф. Аммо яктоаш наменависад. Ҳамаи баччаҳои нав зан гирифтагӣ, як хел ҷавонҳои безан, ки 25у 26 солаанд аз Русия меоянд, як ҳафта наистода, ки аз военкомату ҷамоат ба сарашон меоянд. Фарқ надорад, ки замистон аст, то облава вақт ҳаст ё не. Мавсими облава ду моҳ тирамоҳ, ду моҳ баҳор аст. Аммо инҳо зимистон ҳам меоянду тобистон ҳам. Корашон пулканӣ. Ҷавонҳои нав зан гирифтагӣ, бечораҳо пеши наварусонашон серӣ наистода по ба фирор мегузоранд. Як рӯзи сиёҳу бад дорем дар Роғун. Ин ҳолат то кай давом мекарда бошад?

Нуробод

Ассалому алейкум бародари азиз Муҳаммадиқбол. Ман аз деҳаи Сари Қош, ҷамоати деҳоти Хумдони Нуробод мебошам. Ман дар бораи Баҳриддин Асоев раиси маҳаллаи деҳаи Сари Қош маълумот доданиам.

Бародар Муҳаммадиқбол, мо барномаҳои шабакаи «Ислоҳ»-ро бисёр тамошо мекунем ва дар ҳақи нависандаи он номаҳо аз Нуробод, ки дар асоси онҳо чанд барномаи махсус нашру пахш кардед ва дар ҳақи шумо муборизон дуо мекунем. Дар ҳақиқат дар он барномаҳо ҳам дар бораи ин нафар-Баҳриддин Асоев ва ҳам дар бораи бузҳои ноҳия маълумоти дақиқ ва рост гуфта шуда буданд.

Ҳозир, чанд вақт мешавад, ки Асоев Баҳриддин дар пеши баъзехо мегуфтааст, ки касе моро нависта ба «Ислоҳ» додааст мақомот хоҳем нахоҳем, дер ё зуд ӯро дастгир мекунанд. Боз гуфтааст, ки агар мақомот ӯро дастгир кунанд, шиканҷаи сахт медиҳанд, то ба дараҷае, ки мурдаи Ленинро ба кала мегирад.

Бубинед ин бешарафон Ленинро пешвои худ медонанд. Ин бузҳои маҳалла мегуянд, он касоне, ки моро ба «Ислоҳ» навистааст, даракашро ёбем аз деҳа пешаш мекунем ва дар рӯзҳои мусибаташ иштирок намекунем, токи ба дигарон дарси ибрат шавад. Бубинед, ин бешарафон боз номусашон омадааст, тавба.

Э.Баҳриддин бас кун, ки ҳоло феълан фурсат дорӣ. Аз раиси маҳаллагӣ барову бас кун,   худатро аз мақомотҳо дур кун ва эҳтиёт бош, ки оҳи ин мардуми мазлум туро ба хорӣ мекашад.

Душанбе

Ассалому алайкум ва раҳматулоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол!

Ман Валиев Дилшод (ном иваз шудааст) сокини маҳаллаи Гулпарвар. Дар бораи раиси маҳаллаамон, ки ӯро Ширин ном аст боз баъзе маълумотҳо дарёфт кардам. Ин раиси касифи ҳаромхур қасам ба бузургии Аллоҳи меҳрубон худи ҳамин саҳар як ҳамсоя туй дошт, духтарашро гусел мекард омада онҷо нанишаста разветка карду рафт. Аз пасаш участковийи Гулпарвар бо ҳамрохи як милитсияи дигар омаданд ва ҳама ҷоро сурат гирифта соҳибтуйро, ки устои мошин мебошад 10 ҳазор сомониашро канданду рафтанд. Ин касифи ҳаромхур мардумро чунон ба дод оварда аст ки то бас гуфтан. Валлоҳӣ касам мардумро ба ҳар воситае набошад мефурӯшанд, ки ҳатто метарсанд номи ин бадбахтро гиранд. Ин ҳаромхур дар чор вазифа кор мекардааст. Проводники поезд дар хатсайри Душанбе- Тошканд, автошкола кушодагӣ, раиси маҳалла ва боз бузи чусту чолок. Ин хел бузи бе раҳмро надида будем. Нону намаки мардумро хурда боз мераваду мефурушад. То кай ин шиканҷаҳо идома меёбанд.

Як ҳамсоя дошт бо тахаллуси Сергей. Ин ҷавон ҷавони ҷасуру спортсмен буд, ки гапзаниаш намемонд. Ин ҷавонро подсавит карда суд кард, баъд пару болаш кушода шуд.

Ман намедонам шояд маро имрӯз ё фардо мақомотҳо вардоранд. Лек ман масъулият гирифтам то ки ҳамин номаро ба шумо фиристам ва шояд ҷасорати мардумро камтар боло барад.
Агар сари роҳи ин бадбахтҳоро нагирем, чунки ин бузи мода шудагӣ. Бузҳо байни ҳам «саринаваниярам» мекунанд. Тоба.
Ширин ҳар моҳ мардумро ба тайёрии ҳарбӣ ба ҷанг ба стадиони Автосентр ноҳияи Фирдавсӣ даъват мекунад. То комиссия аз ҷониби Дастгоҳи президент омада тафтиш мекунад, ки оё мардум тайёранд ба ҷанг ва ҳимояти пешво. Охир пас аз ин ҳама зулму ситаме шумо мекунед фикр мекунед ин мардуми зери зулм қарор гирифта аз шумо ҳимоят мекунанд?
Як адад трансформатор оварда шинонданд аз ҳисоби давлат. Аммо боз аз мардум 200 долларӣ ҷамъ карданд. Баъзе аз бузҳои дигар дар атрофаш ҳастанд, ки фақат ӯро таъриф мекунанд ва корҳояшро пеш мебарад. Яктои ин бузҳо Неъмати магазинчӣ, ки мардум уро Неъмат-машеник ном мебаранд. Дигараш Обид, ки камазист аст. Ин ҳаромхурҳо оби нушокии барои 80 хоҷагиро ба 300нафар фурӯхтанд, ки дигар обро зора кунӣ намеояд, мисли хоҷа боғ дорӣ шуд ин об.
Мардум ба Худо ҳама барномаҳои шуморо тамошо мекунанд вале ҷасорат надоранд, метарсанд. Руҳияи ин мардумро боло бурдан даркор, то ки бедор шаванд. Шумо барномаро нашр кунед, ман ташвиқ мекунам то ҳама бинад. Барномаҳои шумо ба мардум ҳатман таъсир мекунад.
Шумо маро яке аз сарбозони лашкари муборизон ба мисли худатон донед. Чунки   ман дар роҳи мубориза ҳамавақт тайёрам ва барои ҳамкорӣ бо шумо ҳам тайёрам.

Эй, кош рӯзе шаваду Аллоҳ шуморо ва моро пирузӣ бидиҳад. Мисле, ки ба намози ҷумъа мерафтам. Ба сафи Наҳзат модарҳову хоҳарҳо медаромаданд. Дар масҷид мавъизаҳо озод буд, саволу ҷавобҳо мешуд.

Валлоҳӣ аз рузе, ки Наҳзатро бастанд, масҷидҳоро бастанду мо хомуш истодем, боз сатрҳоро гирифтанду хомуш истодем дигар чи коре кунанд, карда истодаанд. Ин чи зафиӣ ва номардӣ аз ҷониби мо буд, ки истодагарӣ накардем. Ҳозир ба масҷидҳо рафтан барои гуш карлани таърифҳои Раҳмонов меравӣ. Охир ҳамон таърифҳоро аз ТВҳо мешунаванд мардум дар соатҳои барқ доштанашон. Боз масҷид меоянд ба ҷое Худову Расул шунаванд, боз пешвои шайтонро мешунаванд.

Имом мунофиқ аст, аммо мо аз пасаш намоз мехонем. Аниқ медонӣ, ки имом хатибе аз пушташ намоз мехонем як мунофиқ аст, боз меравӣ чун дигар илоҷе надорем. Вой бар мо! Дар бораи лампочкаи каммасраф, дар бораи Эмомалии тоғут мавъиза мекунад. Дар бораи сулҳу салоҳу тинҷиву оромӣ ва шукри истиқлолу шукр аз Раҳмонов мегуяд.

Хаёл мекунӣ, ки масҷид гиря дорад.

Ба Худо қасам ватан шумоҳоро пазмон шудааст, Ҷавонмардони роҳи росту роҳи Ҳақ аз дур ҳам бошад дасту пешонии шуморо мебусам.

Аллоҳ тезтар ва зудтар шуморо ва ба тавассути шумо ватанро пирузӣ диҳад. Мо дар ватан дар интизори шумоем ва моро насиби гузоштани намози фатҳро чуноне дар барномаҳои минбар мегуед насиб намояд.Омин…

Ваҳдат
Салому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз Ваҳдат ҳастам. Ин хабарро ба шумо мерасонам. Сардори шуъбаи тафтишоти ШВКД Ваҳдат Иззатуллоев Акмалҷонро кормандони коррупсия дастгир намуданд. Аввал 30ҳазор сомонӣ мегираду ба касе медиҳад ва боз барои худаш 24ҳазор сомонӣ мегираду ба ҷабрдида бисёр зулм мекунад. Ба ин маблағи беҳад калон қонеъ нашуда боз як буқаи калони ӯро талаб мекунаду мегирад. Ҷабрдида рафта ба коррупсия муроҷиат мекунад. Кормандони коррупсия дар хояи буқа пора менависанд ва ба ин баднафс медиҳанд   баъди гирифтани буқа рафта буқаро аз хонаи як қассоб ҳамчун вешдок мегиранд ва ӯро дастгир мекунанд. Ин Акмалро бори 2юм аст ки дастгир мекунанд. Бори аввал ӯро пул дода халос карданд. Падари ин Иззатуллоев Акмалҷон, Акобир Иззатуллозода Акобир прокурори пешинаи Ваҳдат мебошад ва чанд сол дар ноҳияи Мастчоҳ ҳам прокурор буд.  Хуб дар ёд дорам чанд барнома дар мавриди падараш дар гузашта нашр намуда будед. Гуфта будед ӯ одами Азизмои газетхонак будааст ва ҳамаро задагӣ. Ҳоло намедонам дар куҷо кор мекунад. Акмал сардори шуъбаи тафтишоти милисаи Ваҳдат бисёр одами баднафс аст. Кори ягон касро бе гирифтани пора буд намекард. Дар ҷони халқи Ваҳдат задагӣ аст. Ба монанди падараш як золим мебошад. Падараш дар солҳои прокурор кор карданаш дар мошинаш автомат дошт, бо силоҳ мегашт. Мардумро зиёд шикаста хурдагиаст. Дар Ваҳдат заминҳои корами обии зиёдро    аз они худ кардааст. Айни ҳол даводав доранд, ки кори Акмалро ҳал кунанд.

Бародар имкон бошад ин навиштаи маро зудтар расонаӣ кунед, ки ин золимону ҳаромхурҳо мувофиқи гуноҳаш ҷавоб диҳад дар назди қонун. Мо медонем, ки барои инҳо қонун вуҷуд надорад. Чунки Раҳмонов худаш золим аст ва дар муддати 33сол фақат ҳаромхуру золиму расво тарбият кардааст. Акнун мебинем Ҳабибулло Воҳидзода дар қазияи Акмал Иззатуллоев чи ҳукме талаб менамояд. Вақте як зан ва модари тифли ширхора дошта Рухшона Ҳакимоваро 8 сол ҳукм дод ин порахури гузароро чанд сол медиҳанд. Агар Азизмо дахолат кунад ба фикрам боз дубора дуздияшро давом медиҳад. Саломат бошед бародари гиромӣ барои нашри шикоятҳои мардуми бе дифоъ!
Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман шоҳиди як ваҳшонияте ҳастам, ки натавонистам дар дохили худам нигоҳаш доштам ва ин бори аввал аст ки ба шумо нома менависам. Барои он маҳз ба шумо нома навиштам. Чунки медонам расонаҳои дохилӣ онро чоп намекунанд. Гап дар бораи чи меравад?

Духтур, одам мурда истодааст, сум надоред гуфта табобат намекунад.

Як ҳамсояи синфи 7доштам. Ӯро бо пои худаш, бо пои равон соати сеи шаб бурданд, соат 10 шуд. Мо ин тараф медавем, он су медавем, мегуем, бибину табобат кун, намебинанд. Ин баччаро чи уколе карданд, ки реаксия дод, мурд. Як кудаке буд, ки фақат номи Аллоҳ дар забонаш буд.

Ин кудак ду руз грипп-сармохурда буд. Соати сеи шаб мешавад, ки дар хона як дасташ шох-карахт мешавад. Падараш бо як нафар аз хешовандонаш  бо мошин ӯро ба бемористони «Ёрии таъҷилӣ» мебаранд. Як сузандору мекунанду мегуянд, ки бемористони «Истиқлол» бубаредаш. Ӯро ба бемористони Истиқлол меоваранд. Вай дарунакӣ температура доштааст. Аммо дигар чашмашро накушод. Ман соати 4и шаб рафтам. Дар ошёнаи аввал носилка мондагианд. Пурсидам, ки магар инҷо ягон духтур нест? Ин кудак сапсафед шудааст, карахту шахшуда. Як беваи 60 сола буд, гуфт ман врач ҳастам.

Гуфтам чаро намебинед, кудак тамом карда истодааст, вазъи сиҳатиаш бисёр бад. Ин хонум гуфт, ки врачҳое, ки мебинанд хобанд. Як медбрат меояд, чашми кудакро мекушояд, ягон садо нест. Соат 8 шуд. Ин қадар ҷавонҳои таҷрибаомуз-практикантҳо меоянд, нигоҳ мекунанду мераванд.

Пас, рафтам кабинети врачҳо, ки ягон даҳ нафар истодагӣ ва байни ҳам «инаш ба инаш мегуяд «камбағалай намегирем». Дарро кушодаму гуфтам кудак синфи 7 асту 13 сола мебошад. Як шаҳбачаи тайёр аст. Лаънатӣ, барои сум шуда нигоҳ намекунӣ? Ту мурданӣ нестӣ? Ин гапҳоро ба врач гуфтам. Агар кудак мурад чи ҷавоб медиҳӣ? Аз нисфи шаб аст, ки кудакро овардагианд. То аппарати президент  менависам. Мурданат беҳ аст. Ту хондӣ  врач шудӣ, маошат, ки намерасад рав Русия сторйка кор кун, мисли дигар «дипломдорҳо».

Бародар, бовар мекунед, мо инҷо дар чи ҳолу рузем, ҳатто уборчиста сум мегуяд. Даҳани дар шиштагӣ. Баромадану даромадан сумакӣ. Хурокро ба бемор бурдан сумакӣ.

Дар даҳлез ягон сӣ нафар духтурҳо ҷавону пир гашта истодаанд. Эй гуфтам, мурданатон беҳ аст, мурдахурҳо. Як зан мегуяд, ки ҳамин апаро сиёмка кунед. Ба хиёлам ягон кас накард. Мардум гуфт, ки «хубшон кардӣ».

Сипас кудакро ҳамон враче,ки дашном кардам гирифт. Бурданд, томография карда 500 сомонӣ гирифтанд. Лекин кудак уже мурда буд. Гуфтанд, ки равед аз фалонҷо хун биёред. Овардем. Боз намедонам фарёд карданду боз аз амаки кудак чанд сум гирифтанд.

Дар охир гуфтанд, ки ин баччаро бояд дар бемористони «Ёрии таъҷилӣ-Скорий» укол намекарданд. Ин температураи дарунӣ дошт, мумкин набуд. Маро фарёд карда гуфт: боз нанависӣ, бисёр дашном додӣ, медонам аз сухтанат буд. Хайр кудакатон вазнин. Ман гуфтам аз соати 3 шаб барои чи дар Истиқлол врач нест? Мегуяд, ки дар беморхонаи калон дастгоҳи томографӣ кор намекунад. Ман ҳайрон шудам, ки наход дар як беморхонаи калон томография набошад?

Бародар, агар историяи ин духтурҳоро 10 рӯз нақл кунӣ, тамом намешавад. Тамоми духтуру мактаб ҳамин история, ҳамин ҳолу ранг.

Масалан дар мактаб партаи пеши синфхона ставка дорад-100 сомонӣ.

Охир кадом мусибатамонро гап занем. Намедонем, кай мо аз ин зулм наҷот меёбем. Охир ин чи давлату давлатдорӣ ва ҳимоят аз аҳолӣ ва шаҳрванду сокини пойтахти як кишвар аст. Вой ба ҳоли қишлоқҷойҳо ва ноҳияҳои дурдаст,ки ҳоли онҳо бидуни шак хеле вазбин аст ва ҳар рӯз мемиранд.

Нуробод

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Ман як модар аз ноҳияи Нуробод мебошам. Ман барномаҳои шуморо бисёр тамошо мекунам ва дар ҳақи шумо муборизон ва муҷоҳидин дуои хайр мекунам. Парвардигоро, ҳар куҷое бошед дар зери раҳмати Аллоҳи меҳрубон бошед ва он рӯзе, ки шумо ба ватан бармегардед, он рӯз, рӯзи озодии миллати мазлум бошад. Омин!

Ман пеши Худо зори дорам, ки дар Тоҷикистон ҳамаи амалҳои диниро озод бубинам ва ҳамаи занҳои мусалмони тоҷикро дар сатру ҳиҷоб бубинам, хондану таълими Қуръонро озод бубинам. Омин.

Мухаммадиқбол ман туро мисли баччаҳоям дӯст медорам. Аз барои Аллоҳ, ки мисли фарзанди худам дӯстат медорам ва дар ҳақат дуо мекунам. Кош фарзандони ман ҳам ба мисли ту олим мешуданд ва дар роҳи ҳақ зидди тоғутҳо мубориза мебурданд.

Ман ин номаро ба Русия равон кардам, то ки ба дасти шумо расад ва нашр намоед.

Ман аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов инчунин рӯзҳоро боварӣ надоштам, ки аз сари зани мусалмон ҳиҷобро мегирад, риш монданро ҷиноят мегуяд ва барои сатру ҳиҷоб кардани занҳо ва риш мондани мардҳо ва барои дар мағозаҳо фурӯхтани сатру ҳиҷоб қонун баровардааст, ҷарима супоранд.

Ман аз тамоми модарону падарони мусалмони тоҷик хоҳиш мекунам, ки фарзандонатонро барои наврузӣ ва барои пешвози Эмомалӣ ба маршировка намонед рафтан.

Ҳама дар як гап бошед. Мақомотҳо ҳеҷ кор карда наметавонанд.

Мешунавам, ки агар духтароне дар маршировка иштирок накунанд, мақомот аз волидони онҳо бо роҳи тарс додан пул мегиранд, гуё ту зидди маъракаи сиёсӣ баромадӣ, фарзандатро намондӣ иштирок кунад, ту наҳзатӣ ҳастӣ. Бо ин роҳҳо тарс медиҳанду пул мегиранд. Ёки духтаратро баъд аз хатми синфи 9 ба мактаб намони рафтан дар ҳол мақомот ба сарат меоянду ҷаримаат мекунанд, ё ки бо роҳи тарс додан (2000)-ду ҳазор сомонӣ мегиранд.

Инро бояд бигуям, ки мо модарон бетараф нестем. Мо ҳам аз Худо метарсем, азоби қиёмат душвор аст. Бовар кунед, дилам аз ин ҳукумати фасодзада мондагӣ аст. Ояндаи фарзандону набераҳоямон чи мешуда бошад?

Ё Худоё ба зудӣ ин чунин золимоне, ки зидди дин кор мекунанд, сарнагунашон гардон, омин!

Эй, мардум аз гуруснагӣ ва ташнагӣ натарсед. Як лаҳзае аст ки ин авлоди Раҳмонов сарнагун мешавад. Ин шо Аллоҳ ҳақиқату адолат пайдо мешавад. Ин шо Аллоҳ ҳамаи мардуми шарифи тоҷик зиди як авлод мехезанд.

Ба Худо қасам аз ин ҳукумат наметарсам. Фақат тарси Аллоҳ дар дилам ҷой шудааст. Болои ин ҳукумати тоғут ҳақ ҳуқуқҳои худамонро даъво дорем. Худоё нигаҳбони ҳамаатон бошад, муборизони роҳи Худо. Омин.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №215 появились сначала на ISLOH.net.