Архивы Муроди телех - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №212
Аз мақом барканор шудани Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон ва қудои охирини Эмомалӣ Раҳмонов ҳоло низ боиси сарусадо ва ҳар гуна овозаву шоеъот шудааст. Чунки дар ду-се соли ахир ин прокурори табассумнакунанда ва ҷиддисимо худро «кимчӣ» ва дар «кимкуҷоҳо» хиёл мекард. Аммо кори Худоро бинед, ки бо як фармон ӯро аз вазифа барканор карданду дигар масхараву мазоҳи тамоми Тоҷикистон шудааст. Пас аз гузашти ду ҳафта дар торихи 4.02.2025 ӯро котиби Шӯрои Амният макони пенсиянерон фармонашро содир кард. Номаи аввали ин барномаро ҳам як рафиқи огоҳ аз қазия  навиштааст:

Душанбе

Ассалому алайкум бародари азиз ва муборизи роҳи ҳақ ва озодӣ Муҳаммадиқболи Садриддин!

Дар ҳақиқат фармони аз вазифаи Прокурори генералӣ гирифтани Юсуф Раҳмон барои бисёриҳо «неожиданний» буд. Чунки гапгапи барои бори сеюм ба ин мақом таъйин кардани вай зиёд мерафт.

Чанд рӯз пеш дар худи Прокуратураи Генералӣ ҳам гапгап шудааст, ки барои чи Раҳмонов Юсуф Раҳмони қудояшро гирифт. Сардори Раёсати назорати милитсияи Прокуратураи Генералӣ гуфтааст, ки «ба фикри ма сари Генерала ҳаму Муҳаммадиқбол хурд қати барномаҳои Госпереворотш»…

Бо кадоме дигараш гуфтааст, ки «нея, Ненерал кунша ба шохи гов не ба к*и бқа ҷанг дохту противи акаи Зоир рафт. Зоир на Прокурор мегуяд на КГБ ва на МВД. Ҳамаша задагияй»

Аммо нафарони аҳли фаҳм мегуянд, ки Раҳмонов Юсуф Раҳмонро дарси адаб доду гирифт ва шояд баъди як такон додан боз вазифаш медиҳад. Агар надод, значит безеб барои вай. Чунки СС.Ятимов ба Раҳмонов зиёд маълумотҳо оиди мишмишҳои Юсуф Раҳмон бо Красновро расонда буд. Красновро Путин боз муҳлати кориашро дароз карду Раҳмонов бошад Юсуф Раҳмонро гирифт.

Э.Раҳмонов пеш аз интихобот нисбати кадоме, ки каме шубҳа дорад, як таконашон медиҳад. Сахт хавотир аст.

Ҳатто аз Шералӣ Мирзову дигару дигар хавотир буд, ки он камбудиҳои пулие, ки дар вақти аудити  вазорати мудофиа пайдо гашту чандин генералҳоро маҳкам карданд, куҷо шуд:- «Яке паато барои переворот тайёр накада бошан» гуфта.

Раҳмонов бояд инҳоро ягон кор мекард, аммо чи тавре, ки гуфтем пеш аз интихобот сахт эҳтиёт дорад, ки яке ягонтошро нагирам, бо ошубе кунад? Барои ҳамин вазифа дод, ки то вақте машғул бошанду ҳар фикр накунанд.

Як нафари дигар гуфт, ки Юсуф Раҳмон барои онки муҳлаташ ба поён расид, гирифта шуд. Вале, ӯро мебоист дар вақте мегирифт, ки ҷаласаи Маҷлиси миллӣ баргузор мешуд. Аммо, Раҳмонов аз Юсуф Раҳмонов мисле, ки нохуш шуд.

«Базеҳо меган, ки Раҳмон бо ход конём кардестай ва масулияти оғози парвандаи Зарифӣ ва дигаронро ба гардани Юсуф Раҳмон заданист. Гуё Раҳмонов маҳз ба маълумотҳо ва маводҳои ҷамъкардаи Юсуф Раҳмон бовар карда, иҷозат додааст. Ира Раҳмонов как всегда барои давленияра ай сари худуш дур карданай. Зиёд фишорҳо ай замони дастгир кардани Зарифӣ ва дигарон кардестан сари Раҳмонов. Хусусан аз созмонҳо ва базе иттиҳодияҳои хориҷӣ.

Шумо хуб медонен Раҳмонова. Дид, ки камтар кунчаша зур омад, сразу ходи ногаҳонӣ ба гуфти худаш мекнад.

Аммо боз баъзеҳо мегуянд, ки гузоришҳои ҷамъкардаи СС сабаб гашт, ки Юсуф Раҳмонро гирифт. Яъне гуё Юсуф Раҳмон аз пеши худ, бо доштани маълумотҳои носанҷида ва баъзеаш сохта, ин амалиёти дастгир кардани нафарони намоёнро кардааст. СС.Ятимов гуфтааст, ки дар ин парванда ягон нафари конкретӣ аз тарафи қуввае, ки мебоист вориди Тоҷикистон мегашт барои ғасби давлат, нест.  Танҳо чанд нафар аз чеҳраҳои намоёни мост, ки инҳо агар сад нафар ҳам мебуданд, ягон имконияти низомӣи надоштанд. Ҳамааш пенсионеру нафарони офисӣ, ки ҳатто имконияти ҷангро надоранд. Дар парванда бояд нест номҳои нафароне, ки гуё аз Ансоруллоҳ ё дигар ташкилотҳои террористианд. Аммо

Бе вазифааш намемонад. Барои онки бояд Раҳмонов интихоботро тинҷ гузаронад. Ҳама тарсу ваҳми Раҳмонов барои интихобот аст. Қонунияти ҳокимияти Раҳмонов аз ҳамин интихоботҳои сохта ҳастанд дигар.

Юсуф Раҳмон ҳам, ки албатта, боз одамҳои худашро дорад, ки гапҳоро барояш бурда мерасонанд. Вай гуфтаст, ки «ма фикр мекадм, ки мардакан, неки иё одама истифода мебурдиян. Мара мегуфт, ки ту нафари бовариноки маи, ма бовар мекадм. Чи қадар камбудиҳора ма да делоҳои вазнин пушондам дига кам. Делоҳои ҲНИТ, делаи муовини Ҳасани Ориёнбонка куштан, делаҳои салафиҳову инаи бо Саидҷафар Усмонову дигарош. Э о..аша г..м худма ба ҳама ганда кам… хай ку бинен чи мега и Булдог (Бульдог як зоти саг мебошад, ки фукаш кашол аст). Юсуф Раҳмон Эмомалӣ Раҳмонвро бульдог лақаб мондааст). Ин гап аз забони Олими шофёри Юсуф Раҳмон баромадааст. Олими ронандаи  Юсуф Раҳмон бисёр хабарҳоро баҷоӣ ба Музаффар Юсуфӣ, ки Прокурори нақлиёт аст, мерасонд.

Аммо як чизи дигар дар ин таъинотҳои кадрии охир ошкор шуд. Превосходствои Озода дида мешавад, ки нишонаи беқурбии Рустам аст. Чи дар Дастгоҳ ва чи дар баъзе чойҳо, Озода нафарони худашро ба мақомотҳо шинонд.

Ҳатто ин гапгап ҳам ҳаст, ки Юсуф Раҳмонро котиби Шурои Амният бояд монанд.( ин маълумот ба ислоҳ охири моҳи январ расида буд)

Қариб як сол мешавад, ки як шогирди наздики Юсуф Раҳмоновро бо наркотик қапида буданд. Вай дар Прокуратураи шаҳри Душанбе кор мекард, тахаллуси эшонӣ дошт.

Юсуф Раҳмон пас аз барканорияш бо аламу дард гуфтааст : «Оҳ ин саги пир , о ҳароме. Ин ҳароми сахт кор мекунад. Ма медонистм ,ки ин СС аз қафои кормандои ҳама сохтору мақомоту вазоратҳо кор мекунад. Меқапа ягонташа дар ҳол крючекда мегирашу агентш мекунад.Албатта то вақти даркориша. Ма хуб медонистм дар Прокуратураи генералӣ чанд нафара ҳамихели када буд. Ма медонм ҳаму гапи мара ки Президента Булдог гуфта будум через агентош Муҳаммадиқболда ҳамуно равон кадагиян. Ма точно медонм куҷода гуфта будум ва пешмда кӣ буд. Хайр ҳеҷ гап не, ку бинем ӯра читари мегирифта боша…»

Ва, як хабари дигар ин аст ки баъди гирифтани Юсуф Раҳмон як ҳодиса шуд.

Чанд рӯз баъди гирифтани Юсуф Раҳмон аз соати 22:00 то 24:00 роҳҳои пешу қафои Парламент ва ЦК маҳкам шуд. Мақомот тревога доданд: Пожар!!!. Аз тамоми қисмхои зудамали гирду атрофи шаҳр техника ва спецназ омад. Фақат нақшаи митингу ҳолатҳои ошубро кор карданд. Як қисми спетсназҳо нақши тазоҳуротгаронро бозӣ карданд. Бовар кунед, сахт дар ташвишанд.

Бахусус баъди ҳодисаҳои Сурия ва ба сарикор омадани неруҳои исломӣ, ки онҳоро ҳам созмони террористӣ мешинохтанд, Раҳмонов сахт тарсидагӣ аст.

Баъди дар барномаи «Минбари муҳоҷир» ҳолаташон тамоман бад шуд. Гуфтед, ки ба интихобот наравед, як хелаш тамоман соф кард.

Ва, як чизи дигар. Чанд рӯз аст, ки дар тамоми барномаи «Ахбор»-и ҳамаи шабакаҳои давлатӣ дар бораи баргузории ҷаласаи Шурои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Миллӣ ва инки дар ин ҷаласа ҳисоботи Прокурори генералӣ шунида мешавад хабар пахш карда истодаанд. Ва ин шабакаҳо хабари аввали худро аз ҳамин масъала сар карда истодаанд. Чунин ҳолат ягон бор пеш аз ин дида намешуд. Як бор хабар медоданд, ки фалон рӯз ҷаласаи Маҷлисӣ миллӣ баргузор мешаваду халос. Аммо ин бор ҳаррӯз гуфта истодаанд. Ва ҳатман таъкид карда истодаанд, ки даъвати Маҷлис бо имзои Рустами Эмомалӣ сурат мегирад. Воқиан чунин ҳолат пеш ягон бор ба мушоҳида нарасаида буд.

Нуробод

Салом домулло Муҳаммадиқбол!

Аз деҳаи Обилурди ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод мебошам.

Ман оиди зулму ситами мақомоти ноҳияи Нуробод, ки болои мо мардуми деҳа омадааст, гуфтаниам.

Муддати чанд сол мешавад, ки мақомоти ноҳия мардумро маҷбур карда истодаанд, ки дар деҳа як мактаби замонавӣ бунёд намоед. Бо таври маҷбурӣ мо мардум пул ҷамъ ва кори мактабро сар кардему ҳоламон зор шуд. Дигар сари моҳу охири моҳ аз мақомот меомаданд, ки «қариб овардед, кай муассиса ба истифода супурда мешавад?» Ҷонамон ба лаб омадааст.

11 сентябри 2024 Эмомалӣ Раҳмонов ба ноҳия Нуробод меомад. Бовар кунед аз тамоми мақомот боз омаданду гуфтан, ки то омадани Раҳмонов  сохтмони мактабро бояд анҷом расонед, бояд Ҷаноби олӣ лентаи мактабро бибурад ва ба истифода дода шавад.

Мо мардум сохтмони мактабро то омадани Раҳмонови дузд буд карда натавонистем. Худоро шукр, ки қадами нопокаш ба хоки деҳаи мо нарасид. Бубинед аз ҳисоби буҷети давлат дар ягон деҳа ва дар ягон шаҳру ноҳияҳо ягон муассиса, ё ки беморхона сохта нашудааст. Фақат мегуяд, ки «мардуми бо ору номус ободкорӣ мекунад». Мардум дар ҷонаш задааст, безор шудаанд, аз дасти Раҳмонов ва аз дасти мақомоти гушнаву гадояш ҳоламон бад шуда истодааст.

Дар Тоҷикистон фақат халқ худаш бояд ободкорӣ кунад. Кормандони давлатӣ аз Эмомалӣ Раҳмонов сар карда то раисони маҳалла бояд чи фонду чи маблағе аз бюҷети давлат аст ғорат кунанд ва мардумро зулму шиканҷа диҳанд. Ин қадар андозҳо, ин қадар коркардҳои ангишт, неругоҳҳои барқӣ, конҳои тилло, алюмин ва ғайра куҷо мешаванд? Мо мардум ақлу савод дорем, мефаҳмем, ки шумо -мақомот аз Эмомалӣ Раҳмонов сар карда то мақомоти ноҳия ба фоидаи халқ кор намекунед, шумо ба манфиати кисаи худ дар сари кор шиштаед, халқро задагиед.

Дар Тоҷикистон як чанд неругоҳҳои барқӣ кор карда истодаанд, аммо чаро мо мардум аз бебарқӣ танқисӣ мекашем? Маълум аст ки шумо дар фикри халқ нестед,  сарупо ғутида дар нафси бади худатон ҳастед.

Дар охир ҳаминро гуфтанӣ ҳастам ва хоҳиш менамоям аз тамоми модарон ва падарони Хатлон, ки фарзандонатон дар водии Рашт (Ғарми пешина) дар мақомотҳо кор мекунанд, ба онҳо фаҳмонед, ки мардумро бисёр озору азият медиҳанд, ин тавр муносибат накунанд, хоҳиш ба фарзандонатон аҳамият диҳед, ки аз куҷо пул меёбанду мошинҳои гаронбаҳо мехаранд. Маълум аст ки луқмаи даҳони фарзандони мардумро кашида мегиранд, пули ҳаром аст. Хоҳиш, насиҳат кунед, ба фоидаи Эмомалӣ Раҳмонов накунед. Як балое ба сари Раҳмонов ояд шумо ҳеҷ коре аз дастатон намеояд.

Башор Асад куҷо шуд?

Қаззофӣ куҷо шуд?

Ашраф Ғанӣ куҷо шуд?

Нурсултон Назарбоев куҷо шуд?

Ҳамаашон шармандавор аз сари қудрат нобуд шуданд, ин шо Аллоҳ инчунин рӯз ба сари Раҳмонов меояд.

Мо намегузорем, ки дар интихоботи оянда Раҳмонов номзадии писари ҳаромиашро ба президентӣ монад, он рӯз мебинед, ки чи корро анҷом хоҳем дод!

Душанбе

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол ва тамоми бародарони мубориз! Ман аз шаҳри Душанбе мебошам ва маълумот дорам дар бораи ҳукумати тоғутпарасти шаҳри Душанбе.

Ман аз дарвозаи ҳафтуми пажаркаи бозори Корвон аз як соҳибкор, ки номаш Дилшод буд доим харид мекардам. Дилшод дар точкаи савдояш плакат мефурухт ки дар он плакатҳо калимаҳои динӣ, сураҳо ва оятҳои Қуръон масалан ояталкурсӣ, Алҳамд ҷой доштанд. Як рӯз дар назди точкаи савдои Дилшод будам. Дидам, ки чор нафар корманди мақомот омада вориди точкаи савдои Дилшод шуданд ва ба ӯ огоҳии сахт карданд, ки дигар инхел плакатҳое, ки оятҳо ва калимаҳои динӣ навишта шудааст нафуруш, ки ин дафъа биоём ҳамаи боратро мебарем.

Дилшод ба онҳо гуфт, ки ин точкаи савдои ман нест, ин аз Муроди телехи Раҳмонов аст. Онҳо ба Дилшод гуфтанд, ки мо як бор огоҳӣ медиҳем тамом ва  баъд рафтанд. Хуллас , Дилшод ба Муроди телеха занг зад ва воқеаи шударо нақл кард. Муроди телех ба дили пур гуфт, ки «кадомеш омад, мада занг зан тамом, кор ҳалай». Дилшод бо Муроди телех сахт кент буданд. Мурод, куҷое маърака даъваташ мекарданд ба Дилшод занг мезад, ки «як падарка  равон кун, ки ман хонаи як дӯстам туй ё ки зодруз меравам».  Дилшод бошад подаркаро тайёр мекард ва ба ягон таксӣ ба Мурода роҳӣ мекард. Беҳад кенти сахт буданд.

Рӯзе ҳамон чор нафари корманди мақомот омаданд, мошин оварданд ва ҳамаи бори Дилшодро бор карданд. Ҳудуди дусаду панҷоҳ -350 ҳазор сомонӣ бор буд. Дилшод ба Муроди телех  даҳ маротиба занг зад. Мурод телефонашро ҷавоб надод. Он кормандони мақомот бошанд ба Дилшод гуфтанд, ки «агар Мурод телефони туро бардорад аз вазифааш озод мешавад».

Кормандони мақомот ҳоли Дилшодро бад карданд. Ӯро ҳамчун наҳзатии терорист гуфта нисбатат дело мекушоем, гуфта таҳдид карданду тарс доданд. Дилшод точкаи савдоро ҳафтод ҳазор сомонӣ фурухт ва боз қарз карду ба мақомот дод ва ҷонашро халос кард.

Бубинед, ки Муроди телех нисбати Дилшод чи кор кард.

Бародар Муҳаммадиқбол, мо мардум ҷонамон ба лаб омадааст. Ин ҳукумати тоғут зидди дин кор карда истодаанд. Аммо ин шо Аллох мо мардум ба Аллоҳи мехрубон такя дорем ва умедворем, ки ин ҳукуматро ба амри Аллоҳ мисли ҳукумати Башор Асад, Нурсултон Назарбоев, Ашраф Ғанӣ ва Аскар Акаев сарнагун месозем

Як аланга сар шавад, тамом. Дигар пеши роҳи халқро гирифта наметавонанд.

Раҳмонови алайҳи лаъна ба дини мо расидӣ ин шо Аллоҳ ту ба кайфари аъмолат хоҳӣ расид. Рӯзи Башор Асад ба сари ту ҳатман омаданист.

Мастчоҳ

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Ман намедонам, ки бақия навоҳии кишвар чунин ҳолат ҳаст ё не аммо дар ноҳияи Мастчоҳ аллакай облава шурӯъ шудааст. Ҳол он ки вақт то облава хеле зиёд аст. Самандаров Нуралӣ аллакай корро шуруъ кардааст. Вай аз ҳар як даъватшаванда пул мегирад ва ваъда медиҳад, ки шаш моҳ ман туро суроғ намекунам ва баъди чандин рӯз дигар коргарони военкоматро мефиристад. Вақте ба ӯ занг мезанӣ мегуяд фармон аз боло аст, ягон сум да ӯ те корут ҳаллай. Вай аз қишлоқи мо нест. Аммо ҷавонони моро бисёр ғам медиҳад. Плани ноҳияи Мастчоҳ барои ӯ ҳеҷ вақт буд намешавад ва бояд ӯ хоҳ вақти даъват аст ё не аз даъватшавандаҳо пул гирад. Падарлаънат серӣ надорад. Дар яке аз номаҳои гузашта дар бораи ӯ навишта буданд, шумораи чанд буд намедонам ё 172 ё 174, ки ҳамааш сад дар сад дуруст аст ва ман ҳамчун як мастчоҳӣ тасдиқ мекунам ва шумо метавонед аз ҳар як мастчоҳӣ бипурсед.

Боз бародар Муҳаммадиқбол мехоҳам як бузичаро ошкор кунам. Ин бузича Алимов Бахтиёр як кӯдак — таваллудаш 2004 ё 2003, ки аксаш ҳаст ва ба шумо хоҳам фиристод вай бузи номери яки ноҳияи Мастчоҳ якум участка маҳаллаи Сомониён мебошад. Вай худро дар ҳама ҷо корманди мақомот мегирад ва ҳеҷ кас ӯро ҳеҷ чиз намегуяд. Вай бисёр нафаронро туҳмат ва пастава кардагӣ аст. Вай боз худро ҷияни муовини ноҳияи Мастчоҳ яъне Фатҳуллозода Муллосоқӣ мегирад. Ман фикр мекунам, ки шумо ӯро хуб мешиносед. Ман Муллосоқиро хуб мешиносам ӯ аз маҳаллаи мо нест ва ба ин буз ҳеҷ алоқае надорад. Ин буз дар ҳама ҷо мегуяд, ки кришаи ман Муллосоқӣ аст ва маро ҳеҷ кас ҳеҷ кор карда наметавонад. Ӯро ба наздикӣ дар район бо духтаре дастгир карданд ва сахт лату кубаш карданд ва то ҳол дар беморхона бистарӣ аст.

Эй мардуми ноҳияи Мастчоҳ ин бузро шиносед! Ин аблаҳ худро одами хуб нишон дода аз шумо бар зиди худатон гап мегирад.

Ӯ аввал ҳукумату Раҳмонови сагро дар назди шумо таҳқир мекунад ва вақте шумо ҳарфе задед онро сабт мекунад, аз ӯ дурӣ кунед. Вай ягон донишгоҳро хатм накардааст ва танҳо ПТУ ноҳияи Мастчоҳро хатм кардааст ва ҳоло таксӣ кор мекунад. Ба мошини ин касофат нашинед. Одаме, ки ягон донишгоҳро нахондааст, чи тавр коргари мақомот мешавад ман ҳайронам. Дар инҷо савол ба миён меояд, ки оё дар ҳақиқат Муллосоқӣ ӯро кришават мекунад ё не ва ӯ чаро худашро ҷияни Муллосоқӣ мегирад ва чаро Муллосоқи чизе намегӯяд?

Бахтиёр бузиятро бас кун вагарна ин дафъа ҳамаи ифлосиятро рӯи об мебарорам, ки бароят гарон меафтад. Аз ҳама корҳоят хабар дорам. Ту дар зери назорати ман ҳастӣ. Агар ислоҳ нашавӣ ин дафъа чи тавр бо духтари муаллима оиладор шуданатро ва чи тавр ҷудо шуданатро, ҳамаи сиру пиёзаро рӯи об мебарорам

Дар охир гуфтаниям, ки бародар Муҳаммадиқбол ҳар номае, ки аз ноҳияи Мастчоҳ чоп кардед мехонам ва кафолат медиҳам, ки дуруст аст. Чунки баъди он номаҳо, баъди ҳар як нашри номаҳо дар Мастчоҳ тағиротро эҳсос мекунам. Ҳатто нома дар Ютуб нашр ношуда аллакай таъсирашро нишон медиҳад.

Ва дар охир як мавзуи дигарро, ки як нафр мастчоҳӣ дар нашрияи «СССР» чоп кардааст, ба шумо мефиристам. Ин масчоҳӣ, ки худро З.Дилшод ном бурдааст, дар ҳақиқат як номаи бисёр саривақтӣ дар ин нашрия чоп кардааст, ки он таҳти унвони «Хонаи деҳқон кай гарм мешавад?» дар рӯзи 29-уми январ ба нашр расидааст ва ба чунин зайл аст:

«Маҳдудияти барқ дар ҳамаҷо баробар бошад, майлаш одамро алам намекунад. Мисол мегирем – шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи он шабу рӯз чароғон аст, дар шаҳр ҳатто рӯзона ҳам лампаҳо даргиронанд. Аз мутасаддиён пурсида мешавад, ки мо, ки деҳқонзодаему дар деҳот зиндагонӣ мекунем, магар гунаҳкорем? Борҳо дар матбуот ин муаммо баррасӣ мешавад, аммо касеро парвое нест. Ё мисол орем мактабҳоро, мактаби миёнаи рақами 2-и ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ, компютерҳо ва тахтаи электронӣ таъмин буда, дар фасли зимистон бекор монда, гӯё дар осорхона бошанд.

Шабакаи барқи ноҳияи Мастчоҳ ин ноадолатиро дидан намехоҳад. Бинобарон лимити муайяншуда дар ноҳия номуайян аст, мисол аз кай то кай барқ дода мешавад. Масъулин кадом вақт хоҳанд барқро дармегиронанд ё хомӯш мекунанд. Хонаи деҳқон гармиро намебинад»…

Бародар Муҳаммадиқбол! Дар фароварди номаам ба шумо ва ҳамаи муборизон орзу ва умеди пирузӣ дорам, Пирузии шумо наҷоти Тоҷикистон аз дасти ин хонаводаи гадогушна аст, ки хеле ҳам болои мардум зулму ситам карда истодааст.

Тавилдара

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол! Ман ҳамон бача аз ҷамоати Чилдараи Тавилдара ҳастам. Аммо ман бисёртар дар Душанбеям. Устод акнун хуб гуш кунед. Дар умри сарам аз шароб ва сигору  нос истифода намебарам. Як рафиқам аз ноҳияи Рашт аст ва вай маро занг заду гуфт, ки биё як сайру гашт кунем ва ман бекор будам, рад накардам. Аммо вай шаробу сигор истеъмол мекунад ва маро гирифт ба клуби ноҳияи Рӯдакӣ бурд.

Дар онҷо даромдем. Хеле истодем. 6 — 7хитоӣ омад ва як марди тоҷик бо онҳо буд. Ин марди тоҷик занҳоро аз дасташон мегирифт ва байни хитоиҳо медаровард. Ман дар умрам якум бор буд, ки клуб рафтам ва онҷо нушокиҳои гуногуни спиртиро медидам. Хеле исрор карданд, ки камтар бинуш, қасам ба Худо ягон қатра нанушидам ва дар умри сарам рақс намекунам ва накардаам. Устод бовар кунед, дар пеши шумо дуруғ бошад, дар пеши Аллоҳ рост аст. Тамоми одамон дар онҷо буда дар ҳайрат монданд, ки ман худамро ба ин гуна корҳо қуш накардаам.

Хулосаи гап ҳамин устоди азиз, ки ман хестам аз ҷояму рафтам духтарҳои тоҷикро аз байн хитоиҳо гирифтам овардам ва байни бачаҳо тоҷик мондам. Гуфтам инҷо рақс кун, ба сум шуда миллатро нафуруш. Ман, ки аз Русия рафта будам, дар барам сум доштам ва баччаҳое, ки рақс мекарданд, сум надоштанд ва духтарак ба ман гуфт «ака ман бо хитоиҳо барои пул рақс мекунам вале ягон кори бад намекунам ва дар чашмонаш ашк омад ва баровадам 100 сомонӣ додам. Гуфтам, ки танҳо бо баччаҳои тоҷик, чунки он ҷо русҳо низ буданд ва хитоиҳо берун баромаданд ва мо ҳам баромадем, ки як зани бузбалаи тоҷик дар пешашон. Вай забони хитоиро нафаҳмид, чи гап худо медонад ва хаёл кардам,ки дар тори сарам гранат кафид. Гуфтам эй зан, изо намекашӣ? Вай гуфт, ки кори худатро кун. Ман рафтам занро аз онҷо аз дастонаш қапидам, телааш додам ва хитоиҳоро заданӣ шудам. Ҳамаи коргарони клуб «эй бача ино муштариҳои моҳан» гуфта ба сарам ҳар гап гуфтанд. Хостам, ки ҷанги сахте кунам. Ду баччаи ванҷӣ буданд, ки таксӣ мезаданд ва ба фикрам як бачаи дигар аз Ваҳдат буд, ки вай ҳам хест ва дигарон ҳам хестанд : «Тоҷикистон ба пеш»

Худатон фаҳмед устод! Ман дар Тоҷикистон ҳастам ва ягон илоҷи тамос бо шумо нест.

Устод, бовар кунед, ки ман ҳама вақт тайёрам дар бари шумо мехезам.

Дар Тавилдара ман бисёр месанҷам. Мардуми Тавилдара ва Чилдара беҳад тарсон шудагӣ. Ман дар Душанбе лекин ҳамаи  мардуми Тавилдараро нағз мешиносам.

Ҳоло чанд хабар ба гушам расидааст. Хубтар бифаҳмам боз ҳам бароятон маълумот медиҳам.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №212 появились сначала на ISLOH.net.

Вой дод аз дасти Муроди телех, Кабировҳо,Ибодовҳо замин намонд…
Ман зодаи ноҳияи Восеъ, хоҷагии ба номи Абу Абдулло Рудакӣ яъне Ангурбоғ мебошам.

Дар хоҷагии Ангурбоғи мо 4 -5 нафар 70 % заминҳои хоҷагиро аз худ кардаанд:

1)  Мурод Саидов телехи Эмомалӣ Раҳмонов

2)  Кабиров Аваз,раиси бозори Султони Кабир

3)  Кабиров Ҷамшед,бародари Аваз

4)  Оилаи Ибодовҳо яъне қудои Муроди телех.

Дар хоҷагии мо дар замони шуравӣ 1000 гектар зиёдтар замини корами обӣ мавҷуд буд ва зиёда аз 1000 оила зиндагӣ мекард. Ҳозир аҳолӣ 2 ё 3 баробар зиёд шудааст. Аммо имрӯз Муроди телех бо хешу табораш 200 гектар, бародарони Аваз ва Ҷамшед 200 гектар ва оилаи Ибодовҳо 300 гектар заминҳои хоҷагии моро аз они худ кардаанд. Аз он ҷумла 100 гектаре, ки Ҷамшед  Кабиров дар болои теппаҳо дорад, аз ин заминҳо ҳар сол ба одамон мефурӯшад. Масалан барои1гектар 250 сомонӣ андоз месупорад аммо ҳар гектари онро ба 750 сомонӣ ба иҷора медиҳад.

Аз 1гектар 500 сомонӣ фоида мекунад аз давлат ду баробар бештар фоида мегирад. Онҳоро ҳеҷ кас ягон гап гуфта наметавонад. Оё дар ҳақиқат андоз месупорад ё намесупорад  ҳамон 250 сомониро инаш ҳам номаълум аст барои мо.

«Чунки раиси ноҳияи Восеъ дар итоати Мурод ва Аваз мебошад. Дар даврони шуравӣ дар ин заминҳо беш аз 1000 кас кор мекард. Ҳозир бошад ҳамагӣ 150 ё 200 нафар кор мекунад. Мурод ва Аваз талош карданду хоҷагии моро хеле обод намуданд. Мо ба ин корашон ба онҳо раҳмат мегуем. Ободӣ хуб аст лекин обод карданду ҳамаи ҷойҳоро захватит карданду моли шахсии худашон карданд. Дар замони шуравӣ дар хоҷагии мо ду завод фаъолият мекард. Яке заводи шароббарорӣ яъне (вино ) ва як заводи шарбат (консервний варени).Боз як гаражи калон амал мекард, ки зиёда аз 100 техникаи гуногуни соҳаи кишоварзӣ дошт. Умуман ҳамаи шароит муҳайё буд. Зиндагӣ хуб пеш мерафт. «

Ҷамшед Кабиров пеш аз истиқлолият дар хоҷагӣ ба ҳайси фурӯшанда дар мағоза кор мекард. Падари онҳо Султони Кабир дар хоҷагӣ ба ҳайси раис чанд соле кор кардааст. Номашон дар хоҷагӣ ба ҳамин сабаб маъруф аст, доранда ва бой ҳам будааст.  Калонсолон мегуянд Султони Кабир бе ниҳоят одами золим будааст. Соли 1975 аз дунё дар гузашта аст. Хулоса, ба касалии вазнин гирифтор шудааст,ҳатто як пояшро ҳам буридаанд.

Ҷамшед Кабиров солҳои 92 то 93 ба воситаи Ҳақназари Гардан, ки пасон бо номи девонаи Ҳақназар маъруф шуд, Сангак Сафаровро оварда мардуми хоҷагиро зулм мекард. Аз он ҷумла ҳамаи сардорони хоҷагиро бузӣ карда ба Сангак Сафаров мегуфт, ки инҳо душмананд. Ба ҳамин тарз лесакӣ карда худашро дар хоҷагӣ одами калон мегирифт. Дар он вақтҳо Мурод ҳоло қадре надошт, чунки Раҳмонов қадр надошт, ҳатто Ҷамшед Кабиров уро писанд намекард. Дар хоҷагии мо мардони ба номус, шуҷоъ ва нотарс бисёр буд вале қисмаш дар ҷангҳо кушта шуд ва дар охир баъзеаш ба Мурод пайваст шуда ҳозир тақрибан аксаран чоплус шудаанд.

Аз он ҷумла дар кучаи мо, ки дар хоҷагӣ ба номи Гузари ғалаба маъруф аст раҳматии Шамс, бо тахалуси Шамси Ара, писари марҳум бобои Юсуф  зиндагӣ мекард. Шамс бо Ҷамшед Кабиров муқовимат нишон медод. Аз Шамс ҳамааш метарсиданд. Чунки вай ҳақиқатро мегуфт. Ҷамшед Кабиров бо Хақназари Гардан Сангак Сафаровро фиреб карда гуфтанд, ки Шамс тарафи вовчикҳо аст. Баъд Сангак Сафаров бо гурӯҳи ҷинояткораш омад ва раҳматии Шамс гурехта ба Душанбе омада бо марҳум Исматча пайваст вале дар охир якҷо бо Исматча кушта шуданд. Сангак Сафаров доимо ба хоҷагии мо омада аз завод вино ва спиртро бе иҷозати касе мебурд. Дар ин кор Ҳақназари Гардан ва Ҷамшед Кабиров ӯро ёрӣ мерасонд. Дар хоҷагӣ як чанд бор тирпаронӣ ҳам карданд. Инро ҳамаи одамони ҳамон  вақта хуб медонанд. Аз ҳамин истифода бурда Ҷамшед Кабиров заводи шарбат барориро списат карду бо пули ночиз хариду шахсӣ кард. Чунки дар хоҷагии мо соли 92 сели калон омад ва хело ҷойҳоро хароб кард.

«Барои ҳамин заводҳоро «списат» карданд. Лекин сел заводҳоро зарари калон нарасонида буд. Баъд аз ин Ҷамшед Кабиров боз ҳам доротар шуд. Баъд аз сари Сангак Сафаров Ҳақназари Гардан, ки ҷияни Сангак Сафаров буд, чи сире бо  Ҷамшед Кабиров дошт ё ин ки кадом асрори ӯро медонист. Ҷамшед Кабиров як ташкилӣ карда Ҳақназари Гарданро ба зиёфат даъват карда майу банг хуронида ба ва мағзи сари хар додааст. Ин гапро аз одамони Ҷамшед Кабиров шунидаем ва ин ҳодиса воқеият дораду туҳмат нест ва метавонед аз ҳама калонсолон пурсед. Солҳои 93 -94Ҳақназари Гардан девона шуда куча ба куча, шаҳр ба шаҳр мегашт. Инро ҳамаи мардуми хоҷагии Ангрубоғ медонад. Ҳатто бо думра дар кучаҳо ҳофизӣ карда мегашт. Ӯ доимо ба Ҷамшед Кабиров нафрати худро пинҳон намедошт, аммо мардум мегуфтанд ӯ девона аст. Ҳозир бошад Ҷамшед бо Аваз 200 гектар заминро гирифта аз худ кардаанд, заводро бошад ҷои истироҳат ва фоҳишахона карданд. Боз чанд ҷои дигарро гирифта бино сохтанд. Гуё обод кардаанд, лекин зулмашонро давом дода истодаанд. Барои онки дар пушташон Муроди телех меистад.»

Пештар ба онҳо Маҳмасаид Убайдуллоев ёрӣ мерасонд, пушташонро мегирифт, чунки Ҷамшед Кабиров бо Маҳмасаид Убайдуллоев қудо мебошанд. Хулоса Ҷамшед Кабиров бо Аваз Кабиров аз заминҳои хоҷагӣ аз 4 ҳисса 1ҳиссаашро гирифта ба мардум ҷои кор таъмин карда наметавонанд. Ин як ноадолатӣ аст. Чунки дар ин заминҳо ҳама кор мекарданд ва ҳақ доранд, ки соҳиби ақалан 1гектари замин бошанд. Аваз Кабиров бошад як золими дигар аст. Ин ба ҳама маълум аст. Аваз Кабиров дар солҳои шуравӣ муддате барои ҷинояткорӣ дар маҳбас буд. Дар солхои ҷанги шаҳрвандӣ дар чашми вай дар шаҳри Қурғонтеппа осечкаи тир зада ӯ кур шуд. Баъди ҳамин худро тавре нишон медиҳад, ки гуё маҳорат нишон додааст, дар ҳоле ҷанг накардааст,  инро ҳамаи бачаҳои хоҷагӣ медонанд. Писари Аваз Кабиров Кабир Кабиров дар садама боиси марги шаҳрванд шуд, муддате ҳабс шуд аммо баъд афв карданд.

«Ба ҳамаи ин Раҳмонов гунаҳгор аст, чунки ҳукуматаш ҳамин гуна аст. Умуман Ҷамшед ва Аваз Кабиров бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Барои он ки ҷинояташон бе ниҳоят бисёр мебошад. Дар асл ҳамаи моли онҳо аз ҳисоби золимиашон бисёр шудааст. Мо медонем, ки онҳо ба чи кор машғуланд. Онҳо доляро ба Муроди телех ё ба худи  Эмомали Шарипович тавассути духтаронаш  медиҳанд ва даҳ баробар аз мардум ончи додаанд кашида мегиранд. Гапи хуби Ҷамшед ва Аваз Кабиров фалонзан ва фалоноча мебошад. Лекин боз бе номусҳо бо онҳо хизмат мекунанд. Ман як зодаи ин хоҷагӣ шарм медорам, ки дар хоҷагии мо чунин даюсон ва бе номусҳо зиёд шудаанд. «

Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов ҳамагӣ се бор ба хоҷагии мо омада аст. Бори аввал соли 1998, ки хоҷагии моро дуюмбора сел зад, бо чархбол омада аз дур нигоҳ карду рафт. Баъди ин хоҷагиро списат ва ба дуздиву ғоратгарӣ сар карданд. Бори дуюм  соли 2016 омад. Ин дафъа бо ҷашну тантана пешвозаш гирифтанд ва макони истироҳаташ дачаи Муроди телех буд. Вай як рӯзро дар онҷо ба майнушиву шикамчаронӣ ва фаҳшу фоҳишагӣ гузаронду рафт, ки дар он вақт Муроди телех 40-гектар замин дошт ва Ҷамшед бошад 100 гектар замин дошт. Баъди рафтани Раҳмонов Мурод рақами заминҳоро ба 100 гектар расонду Ҷамшед Кабиров бошад ба 200 гектар. Ва инҳо чанд иншооти дигар сохтаву аз худ карданд.

Бори сеюм Эмомалӣ Раҳмонов соли 2021 омад, ки ин дафъа ҳам боз бо ҷашну тантанаи калон пешвозаш гирифтанд. Ва ин бор барои худашро шарманда кардан омад. Вай барои ифтитоҳ ва корандозии як меҳмонхонае, ки кури Аваз сохтааст, омад.Албатта, ки барои раиси як давлат ин шармандагист ва боз аз заминҳои онҳо назар карду маишат карду рафт ва Ангурбоғи Муроди телехро ҳам тамошо кард, чун ҳарвақта колхозник ест колхозник. Инро дар телевизони давлати ҳам намоиш дода буданд. Вай медонист, ки дар хоҷагии мо ҳамин заводҳо вуҷуд дошт. Аммо як бор намепурсад, ки куҷо шуданд. Агар инҳо завод месохтанд, ки ақалан 400 ё 500 нафар ба кор тамин мешуд дигар гап, лекин Раҳмонов фақат фоҳиша хона мекушояду халос. Ана, акнун бинед, ки ҳар вақте Раҳмонов қадам ба хоҷагии мо мемонад, дуздӣ ва ғорати инҳо зиёд мешавад ва ҳоло боз Мурод мехоҳад, ки заминҳои одамонро аз худ кунанд. Ман ҳайронам инҳо ҳамааш бачаи ҳамин хоҷагӣ ва ҳама якдигарро мешиносанд, якдигарро медонанд, бо кадом виҷдон ин хел рафтор мекунанд, инҳо сер намешаванд. Раҳмонов ту дигар ба хоҷагии мо наё. Ҳар вақте ки ту меоӣ, масҷдҳо маҳкам мешаванд ва одамон бе замин мемонад. Аз ин дида мешавад, ки аз чор се ҳиссаи заминҳо дар дасти се оила мебошад ва як ҳиссааш ба дасти ду ҳазор Оила.

«Мардуми хоҷагии мо инро дарк намекунанд, ки оянда фарзандонашон ғуломи фарзандони ин оилаҳои золими идора кунандаи ноҳия ва ҷамоат мешаванд. Инро адолати Пешвои Миллат мегуянд. Худоро шукр, ки телехи Рустами Эмомалӣ аз хоҷагии мо нест, вагарна ба халқ ҳамон як ҳисааш намерасид. Дар хоҷагии мо золим асосан Ҷамшед Кабиров аст . Корҳои вай паси пардаанд, зулмаш зиёд аст ба халқи одди нисбат бо дигарон. Инҳо як круги калонанд. Инҷо як чанд нафарро ман номашонро нагирифтам, онҳо гавриканд  яъне лесак ё чуноне шумо мегуед чоплусанд. Агар инҳо мехоҳанд, обод кунанд, болои теппаҳоро обод кунанд. Заминҳои тайёрро гирифта гуё, ки обод карданд. Худашон боғу роғ мекунанд ба мардум мегуянд, ки гандум ва пахта кунед аҷоиб.»

Ман медонам, ки дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон ин хел кругҳо ва оилаҳо ҳастанд, фақат инҷо вобастагӣ аз мардуми ҳамин деҳаҳо ва хоҷагиҳо мекунад, ки ҷамъ шаванд, зулмкунӣ намонанд, инҳо бисёр нестанд -ку.Мисол 7 ё 8 оила куҷо 1 ё 2 ҳазор оила куҷо. Фақат бояд мард будан даркор, на ин ки подхалиму маддоҳу чоплус. Шумо, ки бо инҳо калон шудед, медонед киянд ва чи касанд ва чи кор мекунанд.

Дар охир як чизро гуфтаниям: аввалан ба мардони хоҷагии худамон, баъдан ба тамоми мардони ҷумҳурӣ. Нангу номусро бедор кунед, Худо ёрии худашро мерасонад. Беҳуда нагуфтанд ки аз ту ҳаракат аз Худо баракат.

Истеъфо Раҳмонов, Озодӣ ба маҳбусони сиёсӣ.

Модари Ректори «кудакистонсоз» ҳамсинфи Муроди Телех аст

Асрорзода Убайдулло Саттор, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон,ки дар бораи ӯ барномиаи махсӯс доштед шумо қатрае аз баҳри ҷиноятҳои ӯро гуфтаед.

Муроди телех пораҳоро тавассути кӣ мегирад?

«Дар бораи Убайдулло Асрорзода ҳаминро гуфтаниям, ки дар Ангурбоғ як платный садик дорад. «Криша»-аш конкретно Муроди Телех аст. Очааш ҳамсинфи Мурод аст. Ҳамон одамоне,ки Убайдулло Асрорзода бо боварӣ дар кор мемонад ҳамааш через Мурод мешавад, хулоса «кашелок»-и Мурод дар соҳаи Маориф аст. Савзалии ҷиянш оиди вазир ва раисҳо «кашелок» аст ба Мурод. Оиди ГАИ бо ду ҷиянаш, ки дар ГАИ кор мекунанд. Ҳардуяш Кароматулло ном доранд,«кашелок»-анд. Оиди бозору мағозаҳо Шайдуллои ҷияншаш мебошад.Мурод дар соҳаи бонк ва МВД чор –панҷ «кошелек»-и бегона дорад. Дигарашон ҳамагӣ ҷиянҳояшон.»

Оилаи Ибодовҳо. Инҳо фарзандони акаи Соҳиб мебошанд, ки дар замони шуравӣ ба ҳайси ронандаи мошини Газ -52 кор мекард. Асосан вино, спирт ва маҳсулоти нафтӣ мекашид. Оилаи Ибодовҳо бо Муроди телех хешу табор мебошанд. Ва ҳозир бошад қудо ҳастанд ва ҳамсоя ҳам мебошанд. Оилаи Ибодовҳо 9 бародар ҳастанд. Асоси онҳо Ибодов Ибодулло ва Ибодов Маҳмадулло ҳаст. Ҳозир Ибодов Маҳмадулло,ки тахаллусаш Махмадулои ча -ча буд, дар қайди ҳаёт нест. Ӯро барои он Маҳмадуллои ча -ча мегуфтанд, ки як дасташ чулоқ буд. Инчунин бе зурёт буд, фарзанд надошт ва як духтари бародарашро гирифта калон карда буд. Ҳамин духтар келини Муроди телех мебошад. Маҳмадулло мудате дар хоҷагии мо ба ҳайси раис кор мекард.

Маҳз ҳамин одам хоҷагии моро ҷазир кард, ҳамаро списат карду фурӯхт. Ӯ вино заводро канда ҳамаи систернахои алюминий ва эмалированийро канда фурӯхт, ки хурди ин систернаҳо 25 тона ва калонҳояш то 100 тонна гунҷоиш дошт. Инҷо 10 -15 адад систерна набуд зиёда аз 200 систерна буд. Ва ҳозир бошад завод дар дасти як бародараш аст ки номаш Қурбоналӣ мебошад. Завод ба вай тааллуқ дорад ва ин заводро ба оғил табдил додаанд. Дуюм гаражро бо Муроди телех тақсим карданд ва аз ашёву замини он каме ҳам фурӯхтанд. Айни замон дар ҷойи гараж мойка, бильярдний ва ҳамом рост карданд, ки ба ҷияни Муроди телех Савзалӣ Саидов тааллуқ дорад. Ва боқимондаашро ба замини ҳавлигӣ табдил карданд, ки дар он ҷо як писари Ибодовҳо зиндагӣ мекунад. Дар пеши ҳамин гараж як хайрхоҳ масҷид бунёд кард, ки Маҳмадулло аз вай 2000 доллар пора барои сохтмони масҷид гирифт. Инро бачаҳои ҳамон куча медонанд ва ин факт ҳаст. Ва бахшида ба сафар ё омадани Эмомалӣ Шарипович ин масҷидро Муроди телех ба садик-боғчаи бчаҳо табдил дод. Ана ин далели он,ки мегуянд Мурод бачаи мусалмони намозхон аст. Мурод хуб медонад ва хубу ганда 31 сол мешавад бо Эмомалӣ Раҳмонов аст. Нафрати ӯро ба масҷид ва ислому мусалмонон хуб медонад.

«Дар маркази хоҷагӣ чи биноҳое ва иншоот, заправкаҳо, меҳмонхонаҳое, ки ҳаст, ҳама ба ин Оила ва Муроди телех ва хешу табораш тааллуқ доранд. Маҳмадулло Ибодов як мавзеи киштро, ки бургатӣ- 5 ё бригадаи 5 мегуфтанду зиёда аз 250 ё 300 гектар замин мебошад, ба дасти бародаронаш дод. Хулоса, Маҳмадулло Ибодов мурд, аммо пеш аз мурдан хоҷагии моро ба яғмо бурду рафт.»

Ман ҳамсояи Ибодов Маҳмадуло ҳастам ва соли 2009 буд чор гови ман дохили заминаш шуд. Ман рафтаму гуфтам,ки  раис говҳоямро гирам шумо говҳоро гирифта маҳкам кардед?  Ибодов Маҳмадулло гуфт бале бирав бароям 1000 сомонӣ биёр солҳои 2009 буд 1000 сомонӣ пули кам набуд чанд бор рафтам пешаш гуфтм раис ман ин пул ро надорам. Он солҳо 1000 сомонӣ тақрибан 300 доллар мешуд. Гуфтам ман розӣ ҳастам як говамро гиред ва се гови дигараш ро ба  ман баргардонед.  Гуфт не, гапа зиёд накун, тез рав  пула биёр говота бгир бра, ма кор надорм говои тура мегирм. Ман аз ночорӣ дигар надонистам чикор кунам ва ба кадом дар равам. Магар аз ин золим ба куҷое шикоят кардан дар ин ҳукумат мумкин аст ? Ягона роҳ дар фикрам ин падару модараш омад, рафтам пеши падару модараш ба падараш Ҳоҷӣ Соҳиб гуфтам раиси писаратон говҳоям ро гирифта аст ва аз ман 1000 сомонӣ пул талаб дорад, охир медонед ҳоҷӣ бобо ҳолату зиндагонии маро ва ҳамсояи ман ҳастед солҳо, ман надорам 1000 сомонӣ. Ба падараш гуфтам Ҳоҷӣ бобо ба раис шумо гуед як говамро бигирад ва се гови дигарамро пас гардонад ба ман.  Ошкоро падараш гуфт хуб мешиносед Маҳмадуллоро ӯ гапи моро ҳам намегирад, ҳар коре хоҳад мекунад. Рафтам хона надонистам чикор кунам боз баргаштам пеши Маҳмадулло Ибодов ман ро диду гуфт ту барои чи пеши падару модари ман мерави фикр карди ман гапи падару модарам ро мегирам ва говҳои туро медиҳам? Хуб гуш кун ма фикри ҳамсоягита нигоҳ намекунам ва пеши ман дигар бе пул наё. Бовар кунед ин вақт ба худ гуфтам вақте дар назди Маҳмадулло падару модараш ва ҳаққу ҳуқуқи ҳамсоягӣ аслан ҳеҷ аҳамият надорад дигар ҳеҷ роҳе надорам ҷуз додани ончи гуфтааст. Воқеан ӯро Худо зада буд дар ин дунё ва аз як дасташ маҳрум шуда буду бе зуриёташ гардонидааст.  Аллоҳ шоҳид аст зулме ба мо ҳамсояҳо карда буд ҳама шоҳидем аз он ҳама зулму ситамҳояш. Рафтам қарз кардам 1000 сомонии пули талаб кардаашро оварда додаму говҳоямро боз пас гирифтаам. Ман боварии комил дорам агар ҳама сокинони ҷамоати мо зулмҳои ин оиларо бар сари мо карда, то имрӯз нависанд “Ислоҳ” ҳар рӯз як зулмашонро бояд нашр кунад.

Феълан Муроди телех хоҷагии деҳқонии «Файзи Саид» дорад. Ин хоҷагӣ ба номи падараш бобои Файз аст. Бобои Файзе, ки як умр ишкамаш сер нашуд ва аз қашшоқтарин мардуми ин ҷамоат буданд. Дар наворе,ки дар рафти сафари Раҳмонов ба ҷамоати Рудакии ноҳияи Восеъ дар 4 октябри соли 2021 шабакаҳо нишон доданд Эмомалӣ Саидзода, писари дуввуми Муроди телех ба унвони як соҳибкор муаррифӣ мешавад, ки иншоотеро гӯё бунёд кардааст. Ва ё Мисқол Саидова бо номи Мисхол нишон дода мешавад. Вай зани раҳматии Фатул аст ва аз хешовандони Муроди телех аст.

Дар ҷои дигар ё Мҳнатобод аз Дилшод Асроров суҳбат мешавад, ки як коргоҳи дузандагӣ ва адрасбофӣ сохтааст. Ин Дилшод бародари Убайдулло Асрорзода аст, ки пештар дар борааш барнома доштем дақиан ҳамон мебошад. Писари Махтунбӣ Абдулҳаева аст. Махтунбӣ ҳасинфи Мурод аст ки дар ин навор ба унвони нафаре муаррифӣ мешавад, ки мактаб барои кудакони то синни мактабӣ гӯё сохтааст, яъне кудакистон. Аммо ҳоло аз он коргоҳи дузандагиву адрасбофӣ аслан дараке нест. Акун фаҳмида истодаед модари Асрорзода Убайдулло Саттор, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пули ин кудакистонро аз куҷо пайдо карда ва ба модараш додааст? Аз ришвагирӣ ва вазифафурӯшӣ дар соҳаи вазорати маориф. Ин ҳама пулу маблағро аз куҷо пайдо карданд бароятон фаҳмо шуд. Ва,Раҳмонов, раиси як ҷумҳурӣ кори дигаре надорад, барои ифтитоҳи масалан ин ҳама иншоот меояд, дар ҳоле, ки бояд бипурсад, ки манбаъ сарчашмаи ин сохтмонҳо аз куҷо аст. Тибқи баъзе аз маълумоти расида ба мо Раҳмонов на танҳо се бор ба ин ҷамоат ва махсусан ба Меҳнатобод омадааст, балки ду бори дигар пинҳонӣ ҳам барои дамгирӣ ва истироҳат омадааст. Мурод дар инҷо як дача сохтааст, ки Раҳмонов омада истироҳат мекардааст.

«Ҳангоми ифтитоҳи боғи парчам Раҳмонов аз роҳгаштан монда шуд, зери пояш қолини сурх ва парчами 40 метераро ифтитоҳ кард. Мурод гуфтааст ҷаноб бефара шуд аз роҳ гаштан то пеши байрақ расиданаш.»

Албатта, Муроду Авазу оилаи Ибодовҳо ногузиранд, ки дар ин ҳама садҳо гектар замин аз кору зӯри бозуи мардуми маҳаллӣ, ҳамдеҳагонашон истифода кунанд ва ҳақи онҳоро ҳам пардохт мекунанд ва ҳоло ки пулдор шудаанд, барои онки нишон диҳанд онҳо пулдоранд иншоот ҳам месозанд. Феълан ҳама чиз аз они онҳо аст. Автозаправкаҳо, марокизи тиҷоратӣ, беморхона, меҳмонхона, магазинҳо ва ғайра. Шумо дар ин навор хоҳед дид, ки меҳмонхонаи Аваз Кабиров бо чи шаҳомату шукуҳ сохта шудааст. Аммо, вақте барои обёрии мардум об лозим мешавад, танҳо бо рухсату иҷозати  онҳо метавонанд заминҳояшонро об диҳанд. Бо ин ҳам боигариву сарват ҳанузам чашмашон ба замини мардум аст. Масҷид ва қабристони мардумро аз канори ҳавзи Қайнар канданду ба замин ҳамвор намуданд. Дар заминҳои Мурод пештар одамҳо аз Турсунзода омада кор мекарданд. Аваз Кабиров дар инҷо як стадион сохтааст, ки ин стадион пулакӣ аст. Бачаҳо соатбаъй барои бозии футбол 150-200 сомонӣ медиҳанд.

«Ҳамаи инҳо(ба истиснои Кабировҳо) дар вақташ ва махсусан Мурод гушна буданд. Ҳоло ба ҷуз аз Мурод ҷиянҳояш ҳам даҳҳо гектар замини мардумро аз они худ кардаанд. Феълан ин Муроди телех аст ки ҳам Аваз ва ҳам Ибодовҳоро маҷбур мекунад, ки гуё ободкорӣ кунанд ва Раҳмоновро овараду истироҳаташ диҳад. Вале дар иваз ба миллионҳо ба мардум зарар мерасонад…»

Ҳозир бошад Муроди телех, оилаи Ибодовҳо ва Кабировҳо ҳамаи хоҷагиро аз они худ карданд ва ҷавлон мезананд. Онҳо иншоотҳо сохтанд, ки ин хуб аст, вале мардум озод нест. Дар замони шуравӣ дар хоҷагии мо ду корманди милиса кор мекард,яке маъмур барои калонсолон, дигаре барои хурдсолон. Ҳозир бошад як шуъбаи калон бо зиёда аз 20 милиса кор мекунад. Ин шуъба на барои халқ аст, ин шуъба барои Муроди телех ва ҳаммаслакони вай кор мекунад. Ва онҳоро ҳимоят мекунанд, ки ҷиноятро зиёдтару зиёдтар содир кунанд. Дар бораи инҳо гуфтаниҳо бисёр аст. Дар оянда бештар ҳам хоҳем гуфт.

Сообщение Вой дод аз дасти Муроди телех, Кабировҳо,Ибодовҳо замин намонд… появились сначала на ISLOH.net.

“Султони Кабир”и Аваз ба «Сиёма молл»и Рустам халал мерасонад
Аваз Кабиров ҳам дар репрессияи “Пешвописар” бо бозораш қарор гирифт

Рустами Эмомалӣ бо аз байн бурдани «Султони Кабир» -бузургтарин фурӯшгоҳи масолеҳӣ техникӣ ва сохтмонӣ дар Душанбе 1700 нафар тоҷику тоҷикистониро аз кор ва даромад маҳрум мекунад. Ин дар ҳоле аст, ки солона миллионҳо нафар, аз ҷумлаи сокинони пойтахти мамлакат барои дарёфти ризқу рӯзӣ рӯ ба хориҷ аз кишвар меоваранд.  Аммо, ончики ба унвони сабаб ва иллати тахриби ин бозор дар қарори Рустами Эмомалӣ омадааст: «се кӯчаи пойтахтро ба талаботи меъморию шаҳрсозии муосир мувофиқ карда” ва «ҳаракати бемамониати мошинҳоро таъмин мекунад» ва ин ки гӯиё ҳанӯз дар нақшаи  генплани соли 1983, дар ин мавзеи шаҳр «бунёди шаҳраки тиббӣ, марказҳои солимгардонӣ бо минтақаи сабзазоркунӣ» дар назар дошта шудааст, хеле машкук ба назар мерасад. Агар мақсад ва ҳадафи Рустами Эмомалӣ холӣ аз ғараз ва холисона буд, метавонист «шаҳраки тиббӣ ва марказҳои  солимгардонӣ»-ро дар қисматҳои дигари шаҳр бунёд кунад. Чи ҳоҷат ва чи зарурат пеш омадааст, ки як муассисаи ободу воқеан ҳам замонавӣ ва муҳимтар аз ин маҳалли кори 1700 нафарро хароб ва ин миқдор одамҳо ва оилаи онҳоро аз нони даҳонашон маҳрум созад?

«Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ.нет»!! Манзури мо аз ин навишта пуштибонӣ аз Аваз Кабиров, раиси бозори «Султони кабир» нест. Вале инҷо мехоҳем чанд андеша ва мулоҳизотеро вобаста ба қарори тахриби бозори «Султони Кабир» бигӯем.»

Қарори тахриби ин бозор дар ҳоле ба имзо мерасад, ки дуруст дар ҳамин ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ки «Султони Кабир» воқеъ аст, бозори худи Рустами Эмомалӣ ба кор пардохт. Рӯзи 19-ноябр бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ маркази савдову фароғатии «Сиёма молл» дар масоҳати 3.5 гектар ва бо ҳудуди 100 нуқтаи савдо ифтитоҳ шуд. Гуфта мешавад, ки молики ин бозор ҶДММ «Авесто-гурӯҳ» аст. Маълум аст, ки «Авесто-гурӯҳ» аз Рустами Эмомалӣ мебошад, ки феълан ба суръати гепард медаваду мисли аждаҳо ҳарчи дар сари роҳашро балъида истодааст.

«Султони Кабир» дар сари роҳи «Сиёма-мол» монеа хоҳад буд ва бояд аз байн бурда шавад, то ки даромади «Сиёма мол» ва фурӯшандаву муштарии он биафзояд. Ин як навъу намуди дигари тасарруф ва ғасби рейдерӣ аст ба Рустами Эмомалӣ аз Ҳасан Асадуллозодаи тағояш, аз Таҳминаи апааш ва аз Шамсулло Соҳибови язнааш ба мерос мондааст. Бубинед, ифтитоҳи «Сиёма молл» рӯзи 19 ноябр иттифоқ меафтад ва қарори нобудсозии «Султони Кабир» баъди ҳамагӣ 5 рӯз-24 ноябр. Ва, далел меоваранд, ки барои ҳаракати бемамониати мошинҳо ва тибқи генплани 1983. Ҳоло агар ин ду далел дуруст бошад, чаро соли гузашта, соли перор, соли 2018 «Султони кабир»-ро хароб накардед? Генплани Душанбе аз соли 1983 то соли 2021 даҳҳо маротиба тағйир кард. Чаро он вақт нагуфтанд, ки дар инҷо набояд бозор сохт, чун инҷо барои дигар корхона ва ё муассиса пешбинӣ шудааст. Беш аз ин, магар дар генплани соли 1983 гуфта шуда буд, ки дар ҷойи имрӯзаи «Сиёма молл» фурӯшгоҳ сохта мешавад ва ин фурӯшгоҳро маҳз Рустами Эмомалӣ меояду месозад?

» Инро ҳам бояд мутазаккир бишавем, ки «Султони Кабир» бо пулу сармояи шахсӣ  ва дар як гӯшаи ноободи шаҳр бунёд шудаву садҳоҳазорҳо нафарро мехуронаду мепӯшонад. Хеле ҷабру зулм аст, ки ҷойи ободро гирифу хароб созӣ!!»

Тахриби бозори «Султони кабир» натиҷа ва далели равшани таҳкиму тақвияти ба дасти як хонавода ҷамъ омадани қудрат ва баҳракашии ин оила аз иқтидори сиёсӣ аст. Ба баёни дигар аъзои оилаи Эмомалӣ Раҳмонов ҳоло дигар сари роҳи нафси худро гирифта натавониста истодааст ва барои ин омода аст ҳатто биноҳо ва муассисаҳои зарурӣ ва таърихиро ҳам хароб кунад.

«Танҳо эътирозоти оммавии мардум сабаб шуд, ки хона-музейи домулло Садриддин Айнӣ аз харобшавӣ эмин монад. Рустами Эмомалӣ пай ё замини ин хона-музейро мехост бифурӯшад, чун бо нархи баланд метавонист бифурӯшад. Ҳоло дигар ҳамаҷоро аъзои оилаи Раҳмонов аз они худ кард, монд чанд адад бозор, ки онҳоро ҳам мегиранд, ончуноне Таҳмина Раҳмонова маркази савдои «Садбарг» ва бозори «Фаровон» ва бозори маъруф ба «Аҷинабозор»-и Душанберо гирифту Ҳасан Асадуллозода «Панҷшанбебозор» -и Хуҷандро!!  Ҳола ва ҳалқаи ҳукумати хонаводаии Эмомалӣ Раҳмонов бошитоб ва беш аз пеш тангтар мешавад. Аждаҳои нафси Оила, дигар на ба бегона ва на ба худӣ тараҳҳум мекунад. Яксара мебалъаду мебалъад.»

Айни ҳамин корро акнун бо «Султони кабир» хоҳанд кард. Ҳам муштариҳову фурӯшандаҳои онро ночор мекунад, ки ба бозори вай «Сиёма мол» бираванд ва ҳам даҳҳо гектар замини «Султони кабир»-ро барои харидорон бо нархи баланд мефурӯшад.

Ёдатон бошад ҳанӯз се ё чор соли пеш буд, ки корхонаи дӯзандагии «Дунёи нав»-и Аваз Кабировро Таҳминаи Эмомалӣ кашида гирифт. Ин корхона, ки бо харҷи миллионҳо доллар сохта шуда ва барои 1000 хайёт мошини дарздӯзӣ дошт, ба Таҳмина барои он ройгон дода шуд, ки Эмомалӣ Раҳмонов Аваз Кабировро маҷбур мекунад «Султони кабир»-ро ба Таҳмина номнавис кунад. Аваз Муроди «телех»-и Эмомалӣ Раҳмоновро восита карда «Султони кабир»-ро аз чанги Таҳмина наҷот медиҳад, аммо ба ҳайси пора корхонаи дӯзандагии «Дунёи нав» ва як манзили чандутоқа дар хиёбони Исмолили Сомониро  Таҳмина медиҳад.

Аммо ин бор генерал Мурод Саидов-телехи №1-и Эмомалӣ Раҳмонов, ки ҳамқишлоқӣ ва ҳамгузари Аваз Кабиров дар Ангурбоғи ноҳияи Восеъ мебошад, коре аз дасташ барнамеояд, чун дар ин миён манфиати шахси Рустами Эмомалӣ дар миён аст, Таҳмина нест, Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва Раиси Маҷлиси Милли Тоҷикистон. Мурод, на танҳо Авазро наҷот дода наметавонад, балки худаш низ сахттарин зарбаро мехурад ва ҳузури вай дар канори Эмомалӣ Раҳмонов камранг мешавад ва аз доираи оила тарду парт мешавад. Гап дар ин аст, ки фурӯшгоҳи дар канори «Султони кабир» бо номи «Файзи Саид»-Осиё» аз они Муроди телех аст, ки шомили ин қарори Рустами Эмомалӣ шуд. Отаи Муроди телех Файз, ки солҳо пеш ниҳоят қашшоқу бенаво ва аз дори дунё як хари якгӯшаро суворӣ дошт, баъдан «ҷипсавор» шуду ва командаи футболи Восеъ ҳам номи ӯро гирифт: «Файзканд»! Ва, бозори «Файзи Саид»-Осиё» ба номи падари Муроди телех гузошта шуда буд. Дар ин бозор низ беш аз 1000 кас кор мекард. Ин бозор бо сармояи бизнесменҳои Ангурбоғи Восеъ-ҳамқишлоқиҳои Муроди телех ва бо кумаки аваз Кабиров сохта шуда буд. Бозорро Шайдуллои ҷияни Муроди телех идора мекард.

«Аммо, ҳоло чуноне мебинем, Рустам на ба Муроди телехи падараш тараҳҳум мекунаду на ба Аваз Кабиров, ки борҳову борҳо чорабиниҳои муҳимми давлатиро сармоягузориву сарпарастӣ кардааст. Барои мисол Аваз Кабиров аз нисф зиёди хароҷоти ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатӣ дар соли 2016ро бар ӯҳда гирифта буд. Албатта аз ҷайби бозоракиҳо, вале «кор»-и Раҳмоновро он вақт «буд» карда буд.»

Вале ба ҳар ҳол Аваз Кабирови дар гузашта аз ҷанговарони «Фронти халқӣ» ва аз наздикони Муҳаммадсаид Убайдуллоев натавонист, ки бо ҳама хушомаду тамаллуқ худро аз муқаррибони оилаи Раҳмонов кунад. Ҳанӯз, ки Убайдуллоевро аз кор гирифтанду аввалин шуда амакбачаи ӯ(сардори раёсати сохтмони Душанбе)ро барои талаву тороҷи пулҳои беморхонаи «Истиқлол» шинониданд ва алайҳи худи Убайдуллоев ҳам бо дастури бевоситаи Рустами Эмомалӣ тафтишот оғоз шуд, огоҳон ҳадс мезаданд, ки Аваз Кабиров, раиси «Султони кабир»  ҳам дар «навбат» аст, чун вай одами Убайдуллоев мебошад.

Ногуфта намонад, ки яке аз писарҳои Муҳаммадсаид Убайдуллоев домоди Ҷамшед Кабиров, бародари Аваз Кабиров мебошад. Дар бораи оилаи Аваз Кабиров, молу мулки онҳо ва аъмоли мо дар барномаҳои пешина муфассал навишта будему барнома ҳам тақдиматон намуда будем.

«Инҷо фақат инро илова каран мехоҳем, ки аз рӯи баъзе аз маълумотҳои ба мо расида чашми Авазро Сангак Сафаров дар солҳои ҷанг тир зад кӯр карда будааст. Ва,ё инки бо дастури Сангак дар яке аз амалиётҳо иштирок карда тир хӯрдааст. Худаш борҳо дар чанд круг гуфтааст:  “ма и чашма дар ҷанг ай даст додаам, мара бобои Сангак амалиёт равон кадаги буд.» Тибқи маълумотҳои дигар Авазро Файзали Сайидов боздошт мекунад ва ба ҷанг мефиристад ва дар натиҷаи расидани асколка ба чашмаш онро аз даст медиҳад.»

Авази Кабиров худаш зодаи Ангурбоғи Восеъ аст вале падару модараш аз зодагони Ховалинг қишлоқи Паранак мебошад. Паранакиҳо дар вилояти собиқи Кулоб хело аз маъруфияти хоссе бархурдоранд.  Ин мардум аз Даҳбеди Самарқанд ва аз онҷо ба Каранаки Тавилдара, ки миёни Шуғнов ва Тавилдара қарор дорад ба инҷо муҳоҷир шуда буданд ва аз онҷо ба Паранаки Ховалинг ва аз Паранак ба Ангурбоғи Восеъ мустақар шуданд. Дар он солҳо Файз харсавори падари Муроди телех аз хидматгорони ин оила буданд, чунки Падари Аваз Кабиров раиси совхоз ва аз афроди маъруфи он ноҳия буд ва инро ҳеҷ кас инкор карда наметавонад. Асли Муроди телех Балҷувонӣ аст, яъне аз қавмҳои падарандар ё падари номаълуми Раҳмонов буда ва аз тарафи модараш ба Муҳаммадсаид Убайдуллоев хешовандӣ ё модаронашон духтарамак мебошанд.

Дар ҳар сурат ҳоло бо тахриби бозори «Султони кабир» Рустами Эмомалӣ як одами дигари пулдори наздик ба Убайдуллоевро аз бозӣ «удалит» кард ва ҳамчунин ин паёмро ба ҳамагон, аз ҷумла ба Муроди телех, ки солҳои кӯдакии Рустам на як бору ду бор ӯро сари гарданаш гирифта буд ва ё бағалаш мекард ва ё ҳамроҳаш дар саҳни хона футболбозӣ мекард, дод ки ӯ барои нафси худ ба тамоми пастӣ қодир аст, ки ҳатто пасттарин одами рӯи замин Эмомалӣ Раҳмонро ҳам дар пастиву палидӣ ва бераҳмиву ноинсофӣ дар шигифт мегузорад. Ҳатто ба худаш иҷозат надодааст, ки Аваз Кабиров ва Мурод Саидовро даъват бикунад ва аз мазмуну моҳияти қарораш огоҳ созад. Аваз Кабиров ба расонаҳо гуфтааст,к и тасмими Рустами Эмомалӣ барои нобудии бозорашро аз расонаҳо шунидааст. Интарзи муносибат нишона то чӣ ҳад пасту то чи ҳад бераҳму беинсоф будани Рустами Эмомалӣ аст.

Рустами Эмомалӣ нусха ва ё такрори бисёр ҳам хатарбори падараш аст, ки омодааст барои як дирам даромади худ хонаи 1700 коргари ин бозорро бисӯзонад.

«Султони кабир»-ро мекучонад, то ки «Сиёма молл» мустақар шавад!!!!!

Сообщение “Султони Кабир”и Аваз  ба «Сиёма молл»и Рустам халал мерасонад появились сначала на ISLOH.net.

Аз корҳои пушти пардагии Нуршеди раиси бозори “Корвон” медонистед?
Нуршед Машрабов, раиси «Корвон»-бузургтарин бозори Тоҷикистон баъд аз онки бозорро навсозӣ кард, ба соҳибкорони қисмати дарвозаи №1-и ин фурӯшгоҳ нуқтаҳои тиҷоратиашонро дубора фурӯхта истодааст. Аммо баҳои ин ба истилоҳ «точкаҳо»-ро ба ҳадде гарон кардааст, ки ин соҳибкоронро миёншикан ва дар маърази муфлисшавӣ қарор додааст. Барои мисол Саъдӣ, як нафар соҳибкоре, ки дар ин қисмати бозор қисмҳои эҳтиётӣ мефурӯшад ва Шамсии телефонфурӯш ҷой хариданд. Саъдӣ 3 «точка» харид:-2 мағоза ба маблағи 66000$ ва 42000$  ва яктои дигар дар «перехошка»-роҳрави таги бино ба 70.000 доллар. Шамс Миров аз растаи фурӯши жалюза 2 метрро бар ивази 20. 000$ харид. Аммо ӯро кидат карданд. Ҷойи ба ӯ ваъдакардаро надоданд. Нафари дигар Баҳодур ном дорад, ки ӯро ҳам пули калонашро гирифта вале ҷойи ба ӯ ваъданамударо ба каси дигар доданд. Ҷойҳои наве, ки ба ин нафарон доданд, чунин арзиш надорад, яъне ҷойҳои «ходовой»-и бозор нестанд. Ин кори Нуршед кидати ошкорои ин соҳибкорон мебошад ва мақомоти марбута бояд ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор бидиҳанд ва чилави ин бесомонӣ ва бебандубории «Корвон»-ро бигиранд. Чунки корд ба устухони соҳибкорон расидааст.

«Гап дар инҷо аст, ки чанд рӯзи пештар Нуршед Машрабов ба ин соҳибкорон гуфтааст, ки ин ҷойҳоро баъди сохтмони бозор аз дасти вай Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ аз дасти ӯ гирифтаанд. Аммо соҳибкорон ва тоҷирони бозор ба ин гапҳои Нуршед Машрабов бовар намекунанд ва онро «ҳиллаи навбатӣ»-и вай мегӯянд.»

Ин соҳибкорон мегӯянд, ки  агар ин суханон ҳақиқат надошта бошад фавран бояд ҷилави ин авбош гирифта шавад, то мақомдоронро дар назди мардум доғдор насозад. Чуноне, ки пас аз рафтани Маҳмасаид Убайдуллоев дар ҳамаҷошинаду хезад мегӯяд Убайдуллоев манро 1 500 000$ (якуним миллион доллар) кидат кардааст.

Ҳамчунин Нуршед дар ҳудуди дарвозаи№6, 35 нафар соҳибкорро «кидат» кард. Аз ин нафарон аз 2500$ то 47000$ гирифта вале то ба ҳоло ҷойҳояшонро надодааст. Ҳамчунин соҳибони хонаҳои пушти дарвозаи№7-ҷойи оптовийро, ки ваъда карда буд ба ҷойи хонаҳояшон мағоза медиҳад рӯирост ва бо як беҳаёии ошкоро «кидат» карда гуфтааст, ки «ман пули хонаҳоятонро додам, дигар назди ман наоед». Аз миёни ин ҳама нафарон1нафар — Махсуми Шамсуддин, хатиби масҷиди Корвон тавонист мағоза бигирад. Зеро Нуршед медонад, ки агар ба домулло надиҳад гапу калоча   зиёд мешавад.

Ҳамчунин соҳибхонаҳои қафои дарвозаи№1- Корвон низ пулҳояшонро гирифта натавонистанд. Яке аз онҳо Музаффар мебошад. Вай дар масоҳати1500 квадрат мағоза дошт. Ба ӯ ҳамагӣ 280 000$ доданд, дар ҳоле, ки тибқи шартнома бояд боз дар масоҳати 700квадрат замин барои сохтмони мағоза медоданд.

Инашро ҳам гӯям, ки Музаффарро вақти чапа кардани мағозаҳо ва бонкаш, ки иборат аз18 мағоза ва 1 бинои 3-ошёна буд, зӯран бурда маҳкам карданд. Ин корро ҳамин Нуршед «ташкил» ва ӯро маҳкам кунонд. Нуршед Машрабов Музаффарро хеле ҳам бераҳмона азият дод. Вай Музаффарро «подставит» кард. Нуршед мебоист барои чаппаву хароб кардани ин ҳама иншоот аввал иҷозаи ҳукумати ноҳия ва боз қарори судро мегирифт ва сипас бо булдозерҳои худаш ин корро анҷом медод. Аммо Нуршед корро дигар тарз иҷро кард. Вай мисли рубоҳ ҳилаву макрро пеш гирифт. Ба воситаи Саидов Давлат, ҷияни Муроди телехи Эмомалӣ Раҳмонов ва муовини сардори милисаи ноҳия бо номи Айниддин булдозер ва дигар техникаҳои давлатиро овард. Мегӯяд, ки инҳо техникаҳои ман мебошанд ва бояд фавран чапа кунем.

«Музаффар муқобилият мекунад ва намемонад, ки булдозерҳо чапа кунанд. Аммо Нуршед бештар Музаффарро асабонӣ мекунад, то вай таодулашро аз даст диҳад. Камбуд ё минуси Музаффар ҳам ин буд, ки хеле зудранҷ ва сабук буд. Хуллас Музаффар тракторчиро мезанад. Сайидов Давлат ва Айниддин филфавр бо як дастаи милисаҳо омада Музаффарро дастгир намуда бурда маҳкам мекунанд. Ба қавли яке аз наздикони Музаффар танҳо бо додани 55000$ ӯро аз боздошт ва ҳабс озод мекунанд. Агар аз рӯи нархи имрӯза ҳисоб кунед 215 000$-1500 квадрат мағоза,380 квадрат хона ва7 сотих заминро, ки дар гардиши сари роҳ воқеъ буда ва бо камтарин нарх 2 000 000$ арзиш дошт бо маблағи 280 000$ ба зӯрӣ гирифт. Ин аст Нуршед Машрабов, ки ҳамаро гул мезанад ва аз ҳаво пул кор карда истодааст. «

Чунин нафаре, ки хонаи чандин касро сӯхта аст ва сӯхта истодааст, ҳоло вакили Маҷлиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт интихоб карданд. Вай ба курсии холишудаи Хуршед Мирзо, ки моҳи апрели имсол муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин шуд, такя зад.

Хуршед Мирзои 37-сола аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, гуфта мешавад ва дар Федератсияи футболи Тоҷикистон солҳо боз муовини ӯст. Ин ҳамон Хуршеди Мирзо аст, ки ширкати «Авесто-групп» ба номи вай номнавис шудааст.

Абдураҳим Шоҳиён, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гуфтааст, ки номзадии Нуршед Машрабов барои вакилӣ бо тасмими ҳизб ва машварат бо ӯ пешбарӣ шудааст. Яъне ин ба ин маъност, ки ҲХДТ-и Эмомалӣ Раҳмонов аз ҳамин гуна ҳақимардумхӯрону касифони дузди ғоратгар дастгирӣ мекунад. Як бор чаро ҲХДТ ро касе чизе намегӯяд? 24 соат ҲНИТ мегӯянд вале мо ҳеҷ ҷинояте надидаем аз ин ҳизб.

Аммо ҷиноятҳои Нуршед Машрабов бо ин тамом намешавад. Нуршед дар наркобизнес ҳам шарик аст. Як нафар одами Нуршедро чанд моҳи пеш бо 180 кг қапида буданд, ва он бори ҳамин Нуршед буд. Бо шунидани ин хабар Нуршедро «давлений» зад ва чанд вақт бистарӣ шуд.

«Ин ҳама воҳимаи онки Нуршед Машрабов як бизнесмени дасткушод ва эҳсонкор аст аз ана ҳамин гуна маблағҳои аз роҳи ҳаром, аз роҳи зӯриву фишор ба дастоварда мебошанд. Як вақт хеле ҳам воҳима карданд, ки Нуршед Машрабов бо харҷи 26 миллион сомонӣ бунёд як матбаи замонавиро дар деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ барои  беш аз ҳазор хонанда сохт ва дар расми ифтитоҳи он Эмомалӣ Раҳмонов бо ҳамон қайчияш иштирок кард. Сарчашмаи маблағҳои Нуршед Машрабовро ҷустуҷӯ намоед, бо ин гуна мавридҳо зиёд вомехуред.»

Яке аз нафарони наздик ба Нуршед Абдураҳмон Машрапов мебошад. Ин нафар дар фурӯшу хариди тамоми ҷойҳои дарвозаи №1 ва дигар ҷойҳои «Корвон» нақши асосӣ дорад. Абдураҳмон Машрапов дар дохил бизнес-интересҳои худро дорад. Дар болои нархҳои таъинкардаи Нуршед боз «доля»-и худашро мемонад. Бузҳои ӯ дар бозор Мавлавӣ ва Сайфиддин -писархолаҳояш мебошанд. Мавлавӣ ва Сайфиддин акаву додаранд. Дар ҳудуди дарвозаи№1-и «Корвон» ба телефонфурӯшӣ машғуланд. Онҳо ҳам савдои яклухт- оптом доранд ва ҳам чаканафурӯшӣ мекунанд. Пишаки онҳоро касе ҳад надорад, ки пишт гӯяд. Дар қатори «бузҳо»-и Нуршед ҳамчунин ду нафари дигар-Наврӯз ва Баҳодур низ  шомиланд ва ин ду нафар ҳам акаву додар мебошанд. Инҳо хабаркашҳои махфии Нуршеданд. Инҳо аз Кулоб мебошанд.

«Мавлавӣ ва Сайфиддин, ки дар боло аз онҳо ёдовар шудем, дар назди мардум Нуршедро танқид мекунанд, масалан мегӯянд, ки «пагоҳ дар он дунё барои ин ҳама ҷабру зулм чи ҷавоб медода бошад» аммо дар асл бузи Нуршеданд, дар асл суханчинӣ мекунанд. Ва, ҳамин ки ягон соҳибкор ё тоҷир ягон гапе гуфт, зуд бурда ба Нуршед мерасонанд. Барои бузиашон магазини бепулашон доданд.»

Мавлавӣ фамилияаш Сайфов асту фамилияи Наврӯз ва Баҳодур Ҳисориев мебошад ва аз Кӯлоб ба ин бозор омадаанд.

Нафари дигарТуйчӣ Зокиров -ронанда ва яке аз аҳмақтарин хабаркашҳои Нуршед мебошад, ки ҳамаро ҳамин сиёҳу сафед мекунад. Вай яке аз кормандони КДАМ дар ин бозор мебошад. Намедонем, ки Нуршед хабардор аст ки ронандааш корманди штатии КДАМ мебошад ё не?

Нафари дигар, ки мешавад гуфт саги бовафои Нуршед мебошад-Зоир Зокиров «охрана»-и даҳани дари Нуршед аст.

Парвиз Орипов ,яке дигар аз одамони Нуршед мебошад, ки  лесаку хоямолу тамаллуқпеша аст ва кори вай тамоми 24 соати шабонарӯз «пропаганда»-и Нуршед мебошад ва дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ Нуршедро таърифу тавсиф мекунад. Хулоса мошини пропагандаи Нуршед аст. Як журналисти занро ҳам ҷалб кардаанд, ки кораш постнависиву ҷавобнависӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Гӯё барои Нуршед имиҷи мусбат месозанд.

Манбаъи дигар чунин менависад: Яке аз кормандони КДАМ, ки бо ман дӯстӣ дорад, чунин нақл кард, ки Туйчӣ бо Файзи бомбей рафиқӣ дорад. Файзи бомбей бошад бо Раҳими ғармӣ шиносоӣ доштааст ва Нуршед мехостааст, ки бо Раҳим ошноӣ пайдо кунад. Ва, барои ин кор ҳамин Файзи бомбейро истифода бурданӣ будааст. То Раҳим ёрӣ диҳад, ки Нуршед тиҷоратҳояшро ба Маскав кучонад. Мехостааст фирор кунад. Нуршед гуфтааст, ки «чунон манро бо Раҳими ғармӣ шинос кунед, ки ӯ хит накунад, ки ин кор бо хоҳиши ман сурат мегирад.”

«Хуллас, Нуршед ҳамин хел нақшаҳову орзуҳо доштааст, ки зери пӯсти Раҳим дарояд, то Раҳим барои баъзе иншоотҳояш сармоягузорӣ кунад. Бо як фарзияи оперативии КДАМ Нуршед як вақтҳо мехостааст, ки дар Душанбе «мягкий переворот» кунад, вале тираш ба нишон нарасидааст. Нуршед бо ВКД зӯр аст вале бо КДАМ сагу пишак. Аз ҳамин лиҳоз ӯ хело кадрҳои худашро ба КДАМ равон карда истодааст. Аз ин кор СС. Ятимов дарак дорад ва хуб медонад, ки ин мушбача корҳои паси пардагӣ бурда истодааст.»

Баъзе наворҳои тасвириву аудиоӣ ба КДАМ  расидааст, ки Нуршед Ятимовро ҳарҷо- ҳарҷо дашном мекардааст. Вақте СС. Ятимов аз ин пай мебарад мехоҳад ӯро нобуд кунад. Аммо ӯро Шоҳрух ва Рустам «прикриват»  ёпуштибони мекунанд. Лозими зикр аст, ки Убайдуллоев низ дар хуни Нуршед ташна аст. Зеро чуноне гуфтем, ҳарҷо-ҳарҷо, пас аз рафтани Убайдуллоев гап кардааст, ки «ӯ маро 1.5 миллион доллар «кидат» кардааст». «Кашелёк»-и Нуршед Нуриддини ҷиянаш. мебошад. Нуршед ҳоло қасди ба ҳукумат даромадан дорад ва сабаби барои ҳамин вакили маҷлиси ноҳиявӣ шуд. Хулоса, имрӯзҳо пару боли Нуршед чунон боло шудааст, ки худашро наъйзйбиллоҳ Худо намегӯяду бас.

Аммо дар чанд соли пештар ҳукумат нақшаи дигар дошт

Нақшаи ҳукумат чунин буд, ки бозори «Корвон»-ро аз қаламрави шаҳр ба берун барорад. Аммо Нуршед бо ҳар роҳу восита талош мекард, ки ин кор ба ақиб андохта шавад. То замоне Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Душанбе буд ба Нуршед иҷозат надод, ки «Корвон»-ро дигарбора бисозад. Чун мехостанд онро аз шаҳр ба дур бубаранд.

Пас вз рафтани Убайдуллоев Нуршед ба Рустами Эмомалӣ пешниҳоди тағйирот дар сохти «Корвон»-ро кард. Азбаски бо Рустам рафиқӣ дорад ба ӯ «зелёний светофор» дод. Баъд шуруъ кард ба чапаву роста кардани бозор ва аз дарвозаи №7 шурӯъ кард ва ҳатто манзилҳои истиқоматии одамони инҷоро ба замин яксон кард. Ба ними мардум пулҳои ночиз дод ва бо зуроварӣ хезонд ва ними дигарро бо   ваъдаву фиреб хезонд. Тоҷирони дарвозаи №7 ,ки асосан «оптовикҳо» мебошанд ба вайрон кардани амборҳову нуқтаҳои савдояшон розӣ нашуданд. Аз болои Нуршед шикоят зиёд шуд. Нуршед онҳоро фиреб дода гуфт,ки « ман аз шумо барои ремонт пул мегирам, на барои чойҳоятон».Ва, ба ҳукумат ҳам чунин фаҳмонду ваъда дод. Аммо ҳамзамон «доля»-ро ба Рустам «ҷуқид». Баъд аз онки Нуршед ба фурӯши «точкаҳо» сар кард тоҷирону савдогарон ба Прокуратура , Суд, ВКД, КДАМ ва ҳукумати Душанбе навиштани шикоятро сар карданд. Нуршед, ки аз ин нақша миллионҳо доллар кор мекард, ҳамаро яксара харид.

«Ба вазири ВКД, раиси КДАМ, Прокурор, Суд, хулоса ба тамоми мақомот мағозаву дукон дод. Ҳатто ҳамин участковийи бозор Давлат Саидови ҷияни Муроди телех 2 точка дар дарвозаи №7 гирифт. Аз миёни онҳое, ки аз ин дарвоза «точка» хариданд, танҳо як зан пул надод. Чунки хело зани ҷангҷолӣ аст ва шавҳараш корманди КДАМ буд. Нуршед ӯро фарёд карда бепул мағоза медихад, то дамашро гираду мардумро ба шӯр нахезонад.»

Дар «Корвон» савдо дар дарвозаи аввал ва охири он бо ҷӯшу хурӯш пеш меравад, соҳибкорон, муштариён ва савдои хуб дорад. Соҳибкорони пулдор инҷо бисёртаранд.  Нуршед тасмим гирифт кори тахрибу замонавӣ сохтан ва кабудизоркунии бозорро аз ҳамин тарафи бозор оғоз бахшад. Аз дарвозаи №1. Паси ин дарвоза 30 манзили истиқомати воқеъ буд. Тибқи баъзе маълумотҳо ин маҳалларо ба Раҳими ургутӣ ба 10 миллион доллар мефурӯшад. Гӯё дар хариди ин маҳалл Маҳмуди «домсоз» ҳам шарик мешавад. Аммо баъдан шурӯъ мешавад найрангу макру талбис, ки намунаашро дар мисоли Саъдии запчастфурӯш ва Музаффар зикр кардем.

Феълан нафаре ҳаст бо номи Ҳоҷӣ Саид, ки ронандаи дигари Нуршед мебошад. Вай хело одами бад аст. Бисёрии нафаронро маҳз ҳамин одам сиёҳу сафед мекунад. Ҷияни ин нафар Баҳоуддин ном дорад ва сардори «охрана»-и бозор мебошад ва хеле ришвахор ва қаллоб аст. Як бор пули тамоми кормандони «охрана»-и бозорро як моҳ  дер медиҳад. Маълум мешавад, ки маоши моҳонаи «охранник»-ҳоро бизнес кардааст. Вай чанд бизнес, мошинбизнес, хонабизнес ва дуконҳои зиёди савдо ва 3 зан дорад. Ҳоҷӣ Саиди ронанда 2, Абдураҳмон Машрапов 2 ва худи Нуршед 3 зан доранд. Ҳамон нафаре, ки бо 180 кило маводди мухаддир ба даст афтид Шер ном дорад, ки қаблан диллери Нуршед буд. Иллати боздошташ ҳам ин буд, ки бо КДАМ мувофақа накардааст,яъне «доля»-ро надодааст. Ин хабар ба Раҳмонов мерасад. Нуршед 2 миллион доллар дода худро аз об хушк мебарорад.

«Криша»-и Нуршед Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрух Сайидов мебошанд. Инҳо нақша ва ҳадаф доранд, ки акаи Нуршедро, ки ба тозагӣ рутбаи генералӣ гирифт, дар оянда вазири корҳои дохилӣ монанд. Машрабзода Ҷамшед Хол — генерал-майори милитсия,ки 43 сола аст, Айни замон ҳамин Генерал Машрабзода Ҷамшед Холи акаи  Нуршед маводди мухаддирро зиёд гузаронида истодааст. Ва ҳоло ба истилоҳ «гремет» дорад.

Яке аз занҳои Нуршед аз афғонҳои муқими Саудӣ мебошад, ки падари ин зан як афғони хеле пулдор аст. Нуршед медонад, ки чи кор кунад, муғамбир аст, барои ҳамин ин занро ба худ моил карда ва ба никоҳаш даровард. Ин занро ба он хотир гирифта буд, ки як вақт мехост «ҳуй» хурад. Чунки ҳолашро Убайдуллоев ва СС. Ятимов танг карда буданд. Баъди рӯи майдон омадани Рустаму Шоҳрух ҷонаш дамид.

Дар КДАМ маълумотҳое дар бораи «контакт»-ҳои Нуршед бо ҳукумати Узбакистон мавҷуд аст. Дар вақташ Хол Машраб-падари Нуршед заминҳои зиёди навоҳии тобеи марказ, аз ҷумла заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва худи Душанберо ба Узбакистон фурӯхта буд. Бар пояи ин маълумотҳо Нуршед бо Дилшод Иноятов, ҷияни Рустам Иноятов, ки то ба ҳамин наздикиҳо раиси СНБ ва аз мансабдорони пурнуфузтарини Узбакистон буд робиатҳои хуб дошт ва ҳоло ҳам бо вай ва одамони вай тиҷоратҳои муштарак дорад. Агарчи Рустам Иноятов аз ҳукумат рафта бошад ҳам аммо барои «клан»-и Шавкат Мирзиёев ҳоло ҳам таъсир дорад.

Нуршед Машрабов ва бобову бобокалони вай аз Афғонистон гуреза шуда ба Тоҷикистон омадаанд. Онҳо дар авоили рӯи кор омадани ҳокимияти шӯравӣ   омада будаанд. Падар ва бобои Нуршед афғонҳои тоза мебошанд. Инҳо аз чекистҳои он замона будаанд. Бар ивази онки иҷозати иқомат ба Тоҷикистонро медиҳанд, талаб мекунанд, ки бо мақомоти амниятии онвақта ҳамкорӣ кунанд. «Доносчик» будаанд.

Вақтҳое ки Хол Машраб дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов кор мекард аз афроди наздиктарини Раҳмонов маҳсуб меёфт. Он вақт Раҳмонов инхел пулдор набуд. Аммо Хол Машраб баракс сумдор буд, чун раиси Кумитаи андози кишвар буд.

Мебоист, ки Нуршед Таҳминаи духтари Эмомалӣ Раҳмоновро ба занӣ мегирифт. Аммо, ба гуфтаи худи Нуршед вай Таҳминаро нагирифтааст, «зеро ӯ хело духтари безеб буд».Нуршед дар баъзе аз нишасту маҳфилҳо бо лофу истеҳзо мегуфтааст, ки худаш Таҳминаро нагирифт.

Нуршед Дубай зиёд мераваду меояд. Пеши ҳамон зани афғонаш. Вай гоҳ- гоҳе Ҳиндустон меравад. Ба назди кадом як ҷодугар ва соҳири он кишвар меравад.

Баъзе аз маълумотҳое,ки ба КДАМдар мавридиНуршед расида аст:

Як нафар ба бачаҳои КДАМ чунин гуфтааст: Нуршед Рустамро «хуронда» будааст.

Дар вақти бузкашӣ дар хурокаш андохтааст. Ин гап ба гӯши Шоҳрух мерасад. Нуршедро кашида сар медиҳад. Нуршед нолаву зора мекунад, қасам ба хонаву занаш мехурад, ки ҳеҷ коре накардааст. Шоҳрух раҳояш мекунад аммо Нуршедро кам-кам шум дида феълан бо вай соз нест.

«Як вақт Нуршед барои Рустам як аспи арабии 100 000$  тӯҳфа меоврад. Нуршед дар наъли ҳамон асп кадом як сеҳру ҷодуи ҳиндуӣ карда будааст. Ман инро шунида бовар накардам, аммо мегӯянд, ки рост аст.»

Нуршед арӯсҳои зиёд дорад. Яке аз онҳо Зарина Маҳмадиева аз 82 мкр аст ва 19 сол дорад. Мижгона 27 сола ва Зуҳро 22 сола мебошанд. Зӯҳро аз ноҳияи Рӯдкӣ мебошад. Ин чанд нафар, ки зикр кардем ба гуфтаи худаш аз «постоянкаҳояш» ҳастанд.

Нуршед Машрабов ба вазири корҳои дохилӣ барои мубориза бо терроризм, яъне барои муқобала бо ҲНИТ се миллион доллар додааст. Муаллим-яъне СС. Ятимов инро мефаҳмад ва ӯ ҳам як миллион доллар мегирад.

Мегӯянд, ки Зоир (домоди ҷаноб) қасамашро хӯрдагӣ аст. Озода бошад, дар ҳар куҷо, ки  шинад, мегуфтааст, ки «и паат, гудак додари мара сарша тов додестай, ира даф кунен».  Нуршед дар кадом нишасте мегӯяд, ки Шаҳбоз Озодаро к…..е кардагӣ аст. Ин гапро кадом савобгире аз байни худашон ба Озода расонида будааст,барои ҳамин Озода Нуршедро шум мебинад.

«Нуршед, чуноне пештар ҳам зикраш рафт ба Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар «Корвон» чанд магазин додагӣ аст. Ҳар семоҳа (квартал) то 100 000$ «доля» медиҳад. СС.Ятимов ҳам хапу дам «доля» мегирад. Пештар Заробов-вақте дар марказ кор мекард,  (ҳоло сардори КДАМ-и Рашт) ҳамон оварда медод.»

Бо ин вуҷуд Рамазон Раҳимзода ва СС.Ятимов Нуршедро сахт шум мебинанд, аммо азбаски дар паси Нуршед Рустам истодааст, коре карда наметавонанд.

Нуршед қасами Маҳмадсаид Убайдуллоевро хурдагӣ аст: «отама ҳаму кушт мара иқа ғамум дод». Нуршед ошкор ба Убайдуллоев «визов» дода истодааст.

Чуноне гуфтам Нуршед талош дорад, ки бародарашро вазири ВКД монанд. Инҳо худро кадрҳои Рустам меҳисобанд.

«Вале талбандаи бисёр ҳам гизалаи Нуршед, ин Давлат Сайидов-участковийи Корвон ва бачаи апаи Муроди телех аст. Мошини Прадои сиёҳ дорад. Номераш 6060 мебошад. Нуршед дар баъзе ҷойҳо гуфтааст,ки  «и пааата Мурод нонш намедода боша и ика гишнаҳай».

Боз як нафари дигари талбандаи Нуршед, ки вай ҳам «мент» аст, Улуғбек ном дорад. Улуғбек дуздҳо ва тиллофурӯшҳои сари бозорро «нигоҳ» мекунад. Улуғбек ва Айниддин ду нафар милисаеанд, ки ба Давлат Саидов кор мекунанд.

Нуршед «до таво борзи» шудагиаст, ки раиси ноҳияи Фирдавсиро «иди на…уй мегӯяд. «Ман вақт надорам мара файрод наку дар маҷлисот» мегӯяд.

Ps: Таҳқиқот дар мавриди Нуршед Машрабов идома дорад. Ҳама тоҷирони бозори Корвон агар  аз зулми Нуршед Машрабов шикояте доранд ба “Ислоҳ” нависед. Мо ҳама шикоятҳои шуморо расонаӣ хоҳем кард. Ҳарчи шумо тарсед ин зулм ба шумо рӯз ба рӯз бештар мегардад. “Ислоҳ” инъикос кунандаи ҳама дардҳо ва ранҷҳои шумо мебошад. Аз ин минбар истифода намоед,то бо он дардҳое доред варшикаста нагардед.

Сообщение Аз корҳои пушти пардагии Нуршеди раиси бозори “Корвон” медонистед? появились сначала на ISLOH.net.

Авази Султони Кабир ва ҷиноятҳое,ки дар атрофи ӯ мегузарад
(бахши аввал)

Матлаберо,ки ҳоло мутолеа мефармоед аз номи як мақомдори воломақоме ба «Ислоҳ» расидааст, ки мегӯяд, «Суханоне, ки ман ба Шумо хохам равон кард ин хама хакикат дошта барои дурӯғ ва рост набудани онхо ман рузи киёмат дар пешгоҳи Аллоҳ чавоб мегуям.»

Султони Кабир, падари Кабиров Авазхон (кӯри Аваз) соҳиби бозори Султони Кабир аст. Аз бобои Султони Кабир шаш фарзанд ба дунё омадааст

1-Ҳотам Кабиров

2-Хуршед Кабиров

3-Ҷамшед Кабиров

4-Авазхон (кури Аваз).

5-Кароматулло Кабиров

6-Сафар Кабиров

Дар давраи шӯравӣ Султон Кабиров раиси  совхози ба номи Ленини ноҳияи Восеъ буд. Ҳаромхӯриву ҳаромхиштакӣ ба Аваз меросӣ аст. Бобои Султон солҳои 60-70 мардонро барои барқарор кардани шаҳрҳои осебдидаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Русия равон мекарду худ зани онҳоро таҷовуз карда мегашт. Кадоме, аз онҳо бар намегашт молу мулкашонро тороҷ мекард. Натиҷаи ҳамин ҳаромхӯриву зинокории ӯ буд, ки чунин фарзандони беинсофу золим аз ӯ ба дунё омаданд. Бояд иқрор шуд, ки дар инҷо сухан на аз ҳамаи фарзандон, балки аз Кури Аваз ва акаи ӯ Ҷамшед меравад.

Совхози ба номи Ленини ноҳияи Восеъ дар солҳои шӯравӣ бойтарин ба ҳисоб мерафт. Феълан Ангурбоғ ном дорад. Дар мавриди Ангурбоғ барномае ҳам доштед,ки аз Муроди телех ва ҷиноятҳои онҳо гуфта будед. Дар инҷо заминҳои обию лалмӣ бениҳоят бисёранд ва заводи калони коркарди меваҷот низ мавҷуд буд, ки садҳо нафар кор мекард. Тамоми намуди консерваи мевагиро  истеҳсол мекард. Ин заводи саноатии бениҳоят пуриқтидор ҳоло талаву тороҷ карда шуда нисфи он ба  Ҷамшед Кабиров ва нисфи дигараш аз Қурбоналӣ-қудои Муроди телех мебошад расидааст. Имрӯз   ҳатто як сехи завод кор намекунад. Дар ҷои коркарди мева акнун дар дохили ин завод чанд сар бузу гусфанд мегардад. Оғили рамаи Аваз шудааст гӯем хато намекунем.

Ҷамшед Кабиров тамоми дастгоҳу таҷҳизоти ин заводро оҳанпора карда фурӯхт. Айни ҳол дар ин корхона бассейн ва ба гуфте истироҳатгоҳ вале дар асл ҷойи фаҳшу зинокорӣ сохтааст, ки вазифадорон аз тамоми гӯшаву канори мамлакат арус меоваранду онҷо кайфу сафо мекунанд. Дар инҷо «живая музика» ва танес живота дар авҷ аст. Садои мусиқии он ба дараҷае гӯшхарош аст ки  дар дохили хона ҳам шишта намещавад.

Вакте, ки бачаҳои бобои Султони Кабир ба воя расиданд, бобои Султон ба онҳо пул дорони он замонро нишон дод ва гуфт, ки онҳо чи қадар пулу мол ва тилло доранд.

«Яке аз тилло дорони солҳои 90-ум Ҳақназари шугновӣ буд, ки Ҷамшед бо ҳамроҳии бародараш ва дигар наздикони худ ӯро то девона шудан лату куб карданд ва тиллоҳои ӯро гирифтанд. Ҳақназари шугновӣ девонакасал шуд ва лақаби девонаро гирифт. Аммо чанд сол пас каме ба худ омад ва дар ҳар ҷо мегуфт, ки Ҷамшеду Аваз тиллоҳои моро гирифтанд. Барои онки сири бой шудани оилаи Кабировҳо  ошкор нашавад, билохира ӯро заҳр дода куштанд.»

Бояд қайд кард, ки қатлу куштор дар оилаи Кабировҳо хеле зиёдаст. Аммо Аваз дар Тоҷикистон ҳамаи прокурору судяҳоро мехарад. Кабиров Ҷамшед, духтарашро ба бачаи Маҳмасаид Убайдуллоев додаст. Ҷамшед Кабиров ба Мусо Зариф   пораи калон дода зиёда аз 125 гектари заминҳои ҷамоати Рудакии ноҳияи Восеро аз халқи бечора, ки ҳама саҳм доштанд ба фанду фиреб ва бе пул кашида гирифт. Халқи ҷамоати Рудакии ноҳияи Восеъ, ки ҳар кадоме саҳм доштанд, кадоме 20 сотих дигаре 50 сотих ва ғайра беш аз 200 оила  бе замин  ва бе кор монданд.

Шумо аз эътирози мардуми ба ҷон расида дар Восеъро чанд моҳ пеш шоҳид будед. Дақиқан чунин ҳолат дар ин ноҳия бедодӣ мекунад вале ҳалли ин мушкилотро мақомоти қудратӣ ва прокурору коррупсия ба инобат намегиранд, аслан аҳамият намедиҳанд. Ҳама як мафия мебошанд ва якҷо ин мардумро ғорат ва зулм мекунанд.

«Ҷамшед Кабиров бародари калонии Аваз гирду атрофи ин заминҳоро симтӯр кашида қадами халқро дигар намегузорад, ки ба онҷо зананд. Агар мабодо буз ё гови мардум ба он замин равад маҳкам карда ҷарима мебандад. Ҷамшеди Кабиров аз 125 гектар замини дуздидааш аз халқ андоз намесупорад. Идораи андози ноҳия ҷуръати талаби андоз ба онҳоро надорад. Андози ноҳияи Восеъ налоги туалети халки бечораро мегирад аммо на аз дари  хонаву на аз заводи Кабировҳо боре ҳам гузар намекунанд. Ҳатто пули қувваи барқро намедиҳанд. Дар инҷо бояд қайд кард, ки дар ноҳияи Восеъ, алалхусус ҷамоати Рудакӣ дилхоҳ вазифадор ё хешу табори Муроди телех ё хешу табори Кабировҳо ҳастанд, ки ягон намуди андозро намесупоранд ва пули барқро  ҳам намедиханд. Коргарони андозу барқи ноҳия метарсанд, ки ба дар хонаи онҳо наздик шаванд.»

Раиси онвақтаи ноҳияи Восеъ Мусо Зариф ғуломи Аваз ба хисоб мерафт. Ҳар дастуру хоҳиши Авазро иҷро мекард, чунки Аваз ӯро бо ришва муттаҳам карда буд. Масалан Мӯсо Зариф тамоми мактабҳои ноҳияро маҷбур мекард, ки формаи мактабии дӯхти фабрикаи Авазро бихаранд. Аваз ба Мусо Зариф чор танга ришва дода волидайни талабаҳоро дар тамоми ноҳия маҷбур мекунад, ки либоси мактабии гарону қимати фабрикаи «Дунёи нав»-и ӯро харанд, на аз бозор ва бо нархи арзон. Агар падару модари кудак либоси мактабиро аз бозор харанд директорҳои мактаб бо фармони Мусо Зариф кӯдакро ба мактаб роҳ намедоданд, то он замон, ки аз Султони Кабир нахаранд. Масалан нархи либоси кудаконаи мактабӣ дар бозор 150 сомонӣ бошад дар фабрикаи либосдузии Аваз аз 330 сомонӣ зиёдтар меистад.   Аваз бо Мусо Зариф халқро фанд мекарданд, ки бояд мо истеҳсолгари ватаниро ёрдам диҳем, то ки мардум соҳиби ҷои кору нон шаванд. Аммо дар асл кор тамоман дигар хел аст. Аваз либоси мактабиро дар Хитой фармоиш дода меоварад ва  дар бозори марказии Восеъ, ки худи ӯ сохтааст тамғаи либоси китайскиро ба фабрикаи худаш  иваз намуда   ҳамчун моли ватанӣ мефурушад.

«Ин рафтори ноҷавонмардона ва палиди Аваз бо раиси ҳозираи Восеъ Шарбатулло Азизов ҳам давом ёфта истодааст. «

Ба номи Худованди пок бисёриҳо инро медонанд, аммо ягон кас коре карда наметавонад. Чунки онҳоро Муроди телех «кришават» мекунад. Аваз ба Мурод доляи хуб ҳам медиҳад ва инро худаш ҳам инкор намекунад.

«Дар Восеъ 72 мактаби миёна мавчуд аст. Шумораи хонандагон ба беш аз 5000  хонанда мерасад.  Фоидаи Аваз  бо раиси ноҳия 12-15 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин пул аз халқи бечора маҷбур гирифта мешавад.»

Ҳар гоҳ Аваз ба утоқи кори раиси ноҳия Мусо Зариф медаромад вай зуд аз ҷояш хеста «биёед раис» гуфта  ба Аваз хитоб мекард. Дигар намефаҳмӣ, ки кӣ дар инҷо раис бошаду ки шаҳрванди оддӣ. Айни ҳамин муомила ва муносибатро бо раиси ҳозираи Восеъ Шарбатулло, ки аз Данғара мебошад идома дода истодааст.

Мактабҳои ноҳия дар ҳолати ниҳоят баде қарор доранд. Аммо мегӯӣ,ки ин мактабҳо бозор бошанд. Рӯзе нест, ки аз хонандагони бечора пул нагиранду ё як китобча, ё ягон журнале, ки дар барномаи таълимӣ тамоман дахл надорад,  мефурушанд. Волидайни хонандагон аз ин тарзи кори шӯъбаи маорифи ноҳия ба дод омадаанд. Бозоре, ки Аваз дар маркази ноҳияи Восеъ сохт ва бениҳоят бузург аст.Аммо аз он як дирам андоз намесупорад. Даҳҳо маротиба Аваз халқи ноҳияро ба воситаи Мусо Зариф маҷбур мекард, ки бозори кӯҳнаи марказиро партоянду ба бозори ӯ оянд, аммо мардум намехоҳанд. Зеро дар бозори Аваз иҷора чанд баробар гарон аст. Барои ин кораш мардум чанд маротиба митинг ҳам карда буданд. Вақте сухан дар бораи кӯри Аваз меравад бояд донист, ки ӯ яке аз шахсони сарватмандтарини Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Чанд навбате,ки бозори Султони кабир оташ гирифт,онро худи вай кард ва аз сари нав  ба тоҷирон фурӯхт. Аваз як бор як корманди Раёсати кофтукоби ҷиноӣ, подполковники милисаро зада шаш қабурғаашро шикаст. Барои раҳоӣ аз ин моҷаро ва маҳрумият аз озодӣ 1 миллион доллар ба Раҳмонов дод ва ӯро ҳабс накарданд. Вай бо ҳамроҳии Раҷабалӣ Одинаеви “Умед-88”,ки  зиндонӣ шуд ва онҷо даргузашт аст бисёре аз духтарони ноболиғро таҷовуз кардааст. Вақте муфаттишони кумитаи амният корҳои Умед-88-ро тафтиш мекард, хеле аз аъмоли ҷиноии  Аваз ҳам аён гаштанд.

«Байни кури Авазу Умеди 88 як мусобиқа ва як шарте вуҷуд доштааст, кӣ бештар   метавонад духтарони ноболиғро таҷовуз кунад. Инро ба мо як муфаттиши амнияти ҷумҳурӣ гуфт. Ин корманди амният амният, ки “прослушка”-и ин зинокоронро бар ӯҳда дошт, гуфт, ки Аваз ба соҳиби “Умед-88” занг зада мепурсидааст, ки ин моҳ чанд ноболиғро таҷовуз кард? Дар ҷавоб Умед-88 ба вай мегуфтааст, ки 6 духтари мактабхонро, баъд Аваз ба Умед-88 мегуфтааст, ки аз ту кам, ман ин моҳ 7 духтари 14-15 соларо таҷовуз кардам. Бовар кунед, ин хабаре мебошад, ки худи коркунони амният ба ман гуфтанд.»

(Агарчи дар ҳаққи шахси мурда набояд сухани носазое бигӯем.Бо таассуфи шадид инҷо таҷовуз ба номуси ноболиғон меравад. Мо низ ин маълумотро ҳазф накардем.)

Вақте аз Кумитаи андоз барои ҳисоби молу мулки Аваз фармон мешавад, ки дар асоси он андозаи андози ӯро мушаххас кунанд, маблағи фақат солона аз як миллион сомонӣ зиёдтар шудааст. Ин хабар ба президент расид. Ӯ гуфт, ки бозори Султони Кабирро   ба Таҳмина месупорӣ. Аваз бо ёрдами Муроди телех, ки ҳамсояи дар бадари дар ноҳияи Восеъ мебошанд, ба Эмомалӣ гуфт, ки «Дунёи нав»- фабрикаи замонавии либосдузӣ дар Душанберо, ки Аваз миллионҳо сомонӣ барои сохтанаш сарф карда буд гираду илтимос бозорро не. Раҳмонов ва оилааш ба аваз гуфтаанд,ки ҳам «Дунёи нав» ва ҳам хонаи дар хонаи дар хиёбони  Исмоили сомониро,ки дар маркази шаҳр воқеъ аст медиҳӣ, мо ба ту кор надорем.

«Наздикони Аваз медонанд, ки ӯ бо воситаи Муроди телех ба Эмомалӣ дар як сол беш аз як миллион доллар «доля» медиҳад.»

Поёни бахши аввал,бахши дуввуми онро дар ҳолати ислоҳ нашудани ҷиноятҳои ҷой дошта бидуни шакку шубҳа нашр менамоем. Дар бахши дуввум афроди воломақоме ҳам ҷой дорад,ки аз корҳои пинҳонии онҳо низ хоҳем гуфт.

Ps: Хонандагони гиромӣ ин маълумотро шахси муътамад ва мақомдори воломақоме, ки аз ин бедодгарию зулми ҳамтоёнаш ба ҷон расида ба “Ислоҳ”  ирсол намуда аст. Инчунин иброздошта аст,ки бо муборизон ҳамкорӣ менамояд,то адолат барқарор гардад. Мо дар ин матн ҳеҷ иловае накардаем ҷуз дар масалаи Раҷабалӣ Одинаев,ки дохили қавсаин шарҳамонро намудем.

Сообщение Авази Султони Кабир ва ҷиноятҳое,ки дар атрофи ӯ мегузарад появились сначала на ISLOH.net.

Муроди телехро мешиносед?
(бахши аввал)

Мурод, ки аз чанд вақт ба ин сӯ дар бари Раҳмонов наменамуд, сару калааш дар пушти Президент пайдо шуд. Хабарҳо аз он ҳикоят мекард, ки Мурод мубталои коронавирус шудааст. Дар наворҳое, ки шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз сафари Раҳмонов ба Панҷакент нашр карданд, дида мешуд, ки ӯ дар сари кор аст.

Мурод Саидов-Муроди “телех”, генерал- майор, сардори дастаи муҳофизони Президент, телехи № 1-и Тоҷикистон аст, ки аз ҳамон ибтидои омадани Раҳмонов ба сиёсати калон дар паҳлуи ӯ қарор дорад. Кораш ҳифзу ҳимояти ҷони Раҳмонов аст. Ин ки ӯ телех аст кадом аҷобате надорад, чун ин як қоидаи роиҷ дар давлатдорӣ аст. Аммо ҷолибу ҳайратовар ин аст ки Мурод ба ҳайси як телех то куҷо ба сиёсати кадрии мақомоти кишвар нуфуз кардааст. Маълум мешавад барбари Раҳмонов тӯли ин ҳама солҳо фақат дар ҳифзи ҷони ӯ набудааст, балки муваффақ бар он шудааст, тиҷоратҳои бузург ва манобеи калони даромадро барои худ ва наздиконаш фароҳам созад. Ин ҳамаро дида наметавон қоил нашуд: “Шумоҳо метавонед”.

Ҳоло инҷо аз як сар қиссаи ин ҷондори Раҳмонов ва ҷонситони мардуми ноҳии Восеъро аз забони яке аз наздикони ӯ меоварем. Муроди “телех”ноҳияи Восеъро бо аммабача, амакбача ва дигар хешу таборонаш ба милк ва моликияти хусусӣ табдил додааст.

Мурод Саидов, дар собиқ совхози ба номи Ленини ноҳияи Восеъи вилояти Кулоб, ки дар солҳои бародаркушӣ номи Сангакро гирифт дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Мактаби №7-и зодгоҳ ва сипас омӯзишгоҳи милисаи Чимкентро хонда ва корро дар шӯъбаи милисаи Норак дар бахши кор бо кӯдакон ва ноболиғон оғоз мекунад. Солҳои ҷанги дохилӣ дар назди дари бинои Облисполкоми Кулоб қаровул-охранник мешавад. Инро ҳам бояд бигӯем,ки модари Мурод тағодухтари модари Маҳмадсаид Убайдуллоев аст. Убайдуллоев дар он солҳо ҷонишини аввали Облисполкоми   Кӯлоб буд. Яке Раҳмонов дар Кӯлоб раис шуд. Ин моҳи ноябри соли 1992 буд. Сабаби муҳофизи Раҳмонов шудани Мурод асосан Убайдуллоев аст. Вақте дар дами дарвозаи Кумитаи иҷроияи вилоят Муродро мебинад, ӯро барои муҳофизати шахсии Раҳмонов масъул мемонад. Раҳмонов то инки раиси Шӯрои Олӣ шавад, ду ҳафта дар Кӯлоб раисӣ ҳам карда буд. Мурод кабинету ҷойи хоби Раҳмоновро тоза мекард. Табақу косаи хурдаашро меғундоштааст. Чой мекардааст. Раҳмоновро дар сессияи 16 ҳам ҳамроҳӣ кардааст. Вақте тағои Мурод мурд, бародарони Маҳмадсаид Убайдуллоев говҳои 1000 долларӣ дар маъракаи чилбегаҳӣ ва шашмоҳагиаш кушта худоӣ доданд. Тағои Мурод-бобои Зариф дар вақташ мудири амбори совхоз буд.

Мурод дар ошёнаи дуюми бинои чорошёна дар сари кӯчаи манзили истиқоматии Раҳмонов, дар бари кӯчаи марказӣ хона дорад. Таҳхонаи ин бино ва ошёнаи аввали он комилан маҳкам аст. Дар онҷо толори вазишӣ сохтааст, ки танҳо амниятиҳои шогирдони Мурод машқ мекунанд. Аз тарафи дигари ин бино мустақим ба манзили зисти Раҳмонов роҳ мавҷуд аст.

Онҳо се бародар:-Маҳмадалӣ, Гадоалӣ ва Муродалӣ ва се хоҳаронро падару модар дар як ҳавлии сеутоқа ба воя расонидаанд. Маҳмадалӣ, Гадоалӣ ва Муродалӣ (Мурод) дар ҳамин се дар хонаи як ҳавлӣ калон ва хонадор шудаанд. Зани Мурод аз Кулоб аст. Падари онҳо бобои Файз як деҳқони хеле камбағали қашшоқ будааст, ки як хари гӯшбуридаашро чанд бор бозор бурда фурӯхта натавонистааст. Бобои Файз дар солҳои 2005–2006 аз олам чашм мепӯшад. Аммо баъдҳо, баъде,ки писараш пулу молдор ва як шахси соҳибмақом мешавад, дигар бобои Файз он пешина Файзи камбағал набуд.Ҷипсавор буд. Ҳамон солҳо байни бачаҳои Ангурбоғ ва ноҳия ҷипсавории бобои Файз прикол шуда буд, ки хари якгӯшаашро ба ҷип “алиш” кардааст. Аммо модари Мурод Саидов, рӯзи 10 сентябри соли ҷорӣ дар синни ҳудудан 100 аз олам чашм пӯшидааст. Ин модар дар асл“началник отдел кадр” — ноҳияи Восеъ буд. Ҳар касе вазифа мегирифт, пеши ӯ меомад ва “фотеҳа” мегирифт. Ба ғайр аз ин тамоми табибони беморхонаи хоҷагии Ангурбоғ, қабл аз онки ба кор биёянд, ҳатман аз ин модар хабар гирифта, фишори хуни ӯро санҷида ва агар ягон кӯмак лозим бошад, расонида сипас ба кор мерафтанд.Аллоҳ модарро биомурзад омин.

Мурод чӣ дорад?

Мурод як писарамма дошт- Маҳмадулло Ибодов. Солҳои зиёд мудири хоҷагии деҳқонии бо номи Рудакӣ буд. Маҳмадулло ва Мурод тамоми дороии совхозро обу лой карданд. Дар инҷо заводи шаробпазӣ буд (винзавод). Онро хусусӣ кард, бо тамоми замину иншооташ, ки миллионҳо арзиш дорад, албатта бо як нархи ночиз. Гараж-мошинсарои совхозро ҳам ду кас хусусӣ карданд, бо тамоми мошину трактору чандин гектар замини дохилу давру бараш. Нисфи гаражро ба Мурод дод. Мурод бошад ба ҷиянаш Сабзалӣ Саидов супурд, то  ҳамом ва “билярдний” ва мойка созад. Нисфашро худаш гирифт ва боқиро фурӯхтанд. Метавон гуфт мошинҳо ва ҳама ончи дар гаражи совхозро Маҳмадулло писарамааш фурӯхт. Метавон гуфт Мурод бо Маҳмадулло 300 гектор замини совхозро аз худ карданд. Маҳмадуллои чулоқ мегуфтанд, як дасташ каҷала буд. Дар хоҷагии деҳқонии Ангурбоғ командаи футбол ҳаст: “Файзканд”,ба номи падари Мурод, бобои Файз. Файзканд, ки аз ноҳияи Восеъ дар лигаи олӣ бозӣ мекунад, ҳамин аст. Дар колхози Россияи Душанбе як замин дар лаби об дорад,ки дар он ҳавзи моҳипарварӣ сохтааст.

Совхози пешинаи Ленин, ки ҳоло Ангурбоғ ном дорад аз тарафи онҳо тамоман талаву тороҷ шуд. Ҳозир дар маркази совхози пешина дар як масоҳати бузург аз Маҳмадулло Ибодов як бино-қасри дуошёна боқӣ мондааст.

Ибодов Ибодулло, бародари Маҳмадулло Ибодов дар ҳамон маркази хоҷагии деҳқонии Ангурбоғ бинои чорошёна дорад. Ибодулло қудои Мурод аст. Дилшоди писари Мурод домоди Ибодуллост. Ибодулло дар коллеҷи тиббии Душанбе аввал декан буд. Ҳозир бошад коллеҷи тиббии шахсӣ кушодагӣ аст. Солҳои пеш дар бемористони Қараболо табиби кӯдакон буд.

Мурод то соли 2016, то омадани Президент ба хоҷагии деҳқонии Ангурбоғи ноҳияи Восеъ 10 гектар замини ток дошт. Инҷо президент ду, се рӯз истироҳат кард. Сипас замини Мурод 40 гектар шуд. Ҳоло сад гектар аст. Халқро фанд карда заминҳояшонро гирифт. Нақша дорад, ки боқимонда заминҳои гирду атрофи заминашро ҳам,ки мардуми одӣ истифода мекунанд, кашида гирад ва ба заминаш илова ва аз они худ кунад. Обёрии замини токзори Мурод тавассути чоҳҳои заминӣ сурат мегирад. Вай ду чоҳи чуқуриаш 200 метрӣ кандааст. Ҳосили ангурзорашро ҳамасола мефурӯшад. Савхози Ангурбоғ, ки маҳд ва зодгоҳи Мурод, Аваз, Хайрулло, Раҷабалӣ ва Қаюмовҳо ва даҳҳои дигар мебошад вале Мурод ҳамаро маҷбур кардааст, ки аз кисаҳои худашон Ангурбоғро обод кунанд. Маҳз ба хотири омад омади ҷаноби “пешвои миллат”, ки дар соли 2016 ба Ангурбоғ ташриф оварданд. Се рӯз дар Ангурбоғ истироҳати бо фароғат кардааст. Пас аз рафтани ҷаноби “пешвои миллат” заминҳои бештаре насиби Мурод гашт ва дар умум 400 гектор замин ба ҳисоби ин оила гузашт.  Дар ин замин бачаҳои маҳаллӣ ва асосан мардикорон аз Турсунзода кор мекунанд:-узбекҳо.

1000 хонавода дар ин совхоз дар гузашта ризқ дошт, мехурд. Аммо имрӯз тавре шудааст, ки болои теппаҳоро ҳам гирифтагианд, халқро гову мол кунӣ намемонад, агар гову мол дар заминҳояшон даромад, мебаранд маҳкам мекунад, сари ҳар гов 1000 сомониатро ҳамчун ҷарима мегиранд. Тирамоҳ, вақти ангурпаз қопча- қопча сум кор мекунанд. Як пулеро,ки мебоист дар дигар ҷо барои мардум месохтанд бо ҳайбату сиёсат рафта оварда дар деҳаи мо рост кард. Кӯчонида овард.

Мурод дар шаҳри Душанбе фирмаи сохтмонӣ дорад, аммо ба номи каси дигар.Чанд “дом”-и баландошёна дар тарафи ғарби бозори Саховатро ӯ сохтаву фурӯхтааст.

Бозори “Азия”-“Осиё”-и Душанбе, ки дар паҳлуи бозори Султони Кабир  воқеъ аст низ аз Мурод мебошад. Зимнан Аваз Кабиров, раиси бозори Султони Кабир, ҳамсояи Мурод дар хоҷагии деҳқонии Ангурбоғ аст ва ӯ ҳам аз сад гектар замини ин хоҷагиро аз они худ кардааст. Бозори “Осиё” дар Душанбе низ ба фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ ва масолеҳи сохтмонӣ машғул аст. Беш аз 1000 фурӯшанда дорад. Ин бозорро бизнесменҳои совхози Ангурбоғ дар ҳамдастӣ бо дигар бизнесменҳо сохтаанд. Як бизнесмен, номашро намегирем аз ҳамин Ангурбоғ, барои сохтмони бозори Мурод ба маблағи 15.000 доллар сангу регу шағал кӯмак карда аст. Аз ҷумла Аваз ҳам хеле ёрдамаш кард, сохтанду доданд. 1000 фурӯшанда бештар кор мекунад. Роҳбарии бозор ба зиммаи Шайдулло, ҷияни худи Мурод аст. Инро бояд махсус таъкид намоем, ки хешу табор ва ҷиянҳои Мурод асосан дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, милисаву прокуратура кор мекунанд, ки ҳамаи онҳо бо воситаи Мурод кор гирифтаанд.

Мурод ва “команда”-и ӯ

Дилшод Саид, писари Мурод вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аст. Вай дар вазорати молия кор мекунад, дар шӯъбаи оид ба муайян кардани сифат ва навъи тилло мебошад.

Анвар Ибодзода Сарконсули Тоҷикистон дар Русия, ки дар пойтахти он шаҳри Москов мебошад, писари Ибодов Ибодулло ва ҷияни ҳамон Маҳмадулло Ибодов мебошад. Инчунин хусурбачаи Дилшоди писари Мурод аст. Ин Анвар Ибодзода,ки чандтарафа ба Мурод хешутаборӣ дорад дар Русяи кораш ба паспортфурӯшӣ, возврашение на родина фурӯшӣ ва кораш дар ресторанҳои гарон хурдан ва истироҳат дар найт клубҳо иборат аст. Дар мавриди Анвар Ибодзода маълумотҳои зиёде дар даст дорем, ки онҳоро дар як матлаби муфассал тақдим менамоем.

Сабзаалӣ Саидов, бародарзодаи Мурод. Донишгоҳи тиббии Душанберо хондааст, вале корманди Идораи гумрук мебошад. Чунки гумрук ҷойи рӯғанӣ мебошад. Сабзалӣ ҳам мактаби №7и Восеъро тамом кардааст. Сабзаалӣ пештар дар Панҷ сардори идораи гумрук буд. Ӯ писари Маҳмадалии бародари Мурод аст. Агар ёдатон бошад вақте Раҳмонов Шаҳбоз Раҷабзода, сардори терминали Душанберо дар ҷаласа хезонида гапҳои дурушт гуфт, ӯ ҳам ҳамонҷо буд. Сабзаалӣ як шаб “авария” мекунад. Мезанад ду одам мемурад. Шоҳидон ҳикоят мекунанд, ки аз қафои мошин чанд қопча сум мерезад. Ин одамҳо якеаш бо номи Туманов ва дуввуми Шӯҳрат, ки ӯ аз Ҳисор будааст. Худи Сабзаалӣ чанд вақт дар “кома” меафтад аммо зинда мемонад. Вай вақте меояд ба як мошини Опел, ки аз замин тарбуз мебаровардааст, бармехурад. Ин одамҳоро хапу дам мебаранду гӯру чӯб мекунанд. Яке аз наздикони Сабзаалӣ, ки ҳамроҳаш кор мекард гуфта буд, ки “доля”-и ҳаррӯзаи Рустами Эмомалӣ аз гумруки Панҷ он солҳо  10.000 доллар будааст.

Хайрулло Саидов, писари Назари Саид, амакбачаи Мурод аст, ки ҳоло прокурори шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ ҳам корро аз Норак сар кардааст. Соли 2015 ӯро барои кадом камбудӣ Президент аз вазифаи прокурори ҳарбӣ ва ҳамзамон муовини Прокурори генералӣ гирифт. Аммо боз Мурод тавре кард, ки прокурори Душанбе таъинаш карданд.

Дар бораи Беҳрӯз, домоди Мурод пештар гуфта будем. Беҳрӯз, сардори Раёсати коррупсияи нақлиёти вилояти Суғд аст. Падари домод аз Фархор аст. Солҳои 90–91 меравад Хуҷанд ва як корхонаи тавлиди шаробро мехарад. Писараш дар онҷо калон шудааст. Тибқи баъзе маълумотҳо духтари Мурод ҳамсари дуввуми Беҳрӯз мебошад. Ҳангоме, ки иллатро ҷӯё шудем бароямон маълум гашт, ки духтари Мурод бемории припатка доштааст ва аз ин сабаб ҳамсари дуввум будааст.

Саидов Зикрулло, бародари Саидов Хайрулло-прокурори Душанбе, дар шӯъбаи андози ноҳияи Фирдавсӣ ба ҳайси муовин кор мекунад, агар ҳоло сардор нашуда бошад.

Кароматулло, як ҷияни дигари Мурод яъне писари хоҳараш дар дар БДА -и Кулоб кор мекунад. Бахши “права” ва ҳуҷҷатгузорӣ дар дасти ӯст.

Саидов Кароматулло, як ҷияни дигари Мурод, писари Маҳмадалии бародараш дар ГАИ-и ҷумҳурӣ дар як мақоми баланд кор мекунад ва рутбааш аз майор боло аст.

Саидов Кароматулло писари Саид Назар писар амаки Мурод, корманди баландмақом дар “Ориёнбонк”-и Ҳасан Асадуллозода дар Душанбе мебошад. Ҳамин тавр се ҷиянаш як ному насаб: Саидов кароматуллоро доранд.

Рамазон-сардори шуъбачаи корҳои дохилии хоҷагии деҳқонии Ангурбоғ аз Ғелот мешавад. Ҷияни Мурод, бачаи апааш. Ин шӯъба чил коргар дорад. Аз шӯъбаи милисаи ноҳия бештар. Кори инҳо “охранят” кардани замину хонаву дари Муроду бародарони ӯ ва хешовандонаш аст. Мардумро безор аз ҷон кардаанд.

Саидов Нусратулло амакбачаи Мурод, то чанд вақти пеш сардухтури беморхонаи сеошёнаи Ангурбоғ буд. Байнашон гапашон гурехтааст, ки ӯро аз ин вазифа мегирад ва ҳоло дар беморхонаи Кулоб ҷарроҳ аст. Ин бародари Саидов Хайруллои прокурори Душанбе аст.

Акаи Кароматулло писари хоҳари Мурод сардори кофтукоби ҷиноятии ( Начальник уголовный розыск.) Турсунзода буд. Ҳоло чи вазифаи болотаре дорад.

Саидов Сайхуҷа, мудири ташкилоти хурди қарзӣ бо номи Сомониён- писари Гадоалӣ. Гадоалӣ бародари Мурод. Дафтари марказии ин ташкилот дар дохили бозори “ Осиё”— Мурод дар Душанбе аст. Аҷиб ин аст ки дар Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, зери раҳбарии Озода Раҳмон, кор мекунад. Аз Бонки миллӣ ба воситаи Ҷамолиддин Нуриалиев ба номи ташкилоташ пул мегирад. Аммо пулро ба касе намедиҳад. Меравад аз Хитой кабел меоварад барои нерӯгоҳи Роғун Асноди онро тавре таҳия мекунад, ки гӯё моли Русия бошад. Ҳамчунин аз Хитой трактор меорад. Ба воситаи бародари Ҳасан Асадуллозода ба  Роғун мефурӯшад. Беҳад пули калон аст инҷо дар гардиш аст.

Саидов Давлатхӯҷа, ҷияни дигари Мурод, писари Гадоалии бародараш, бародари Сайхӯҷа нозир ва масъули шӯъбаи милисаи бозори Корвони Душанбе аст. Бовар кунед Давлатхӯҷа дар вақти мактабхонӣ номашро бехато навишта наметавонист. Савод надорад. Аммо инро ҳам бояд гуфт, ки бозори Корвон ба ном ба дасти Нуршед Машрабов аст. Онро Рустами Эмомалӣ барвақт гирифтагӣ аст. Ҳар бегоҳ қопча-қопча сум ба Рустам мебаранд.

Талбаков Абдураҳмон, мудири мактаб дар совхози Ангурбоғ. Ин ҳам писари тағои Мурод Саид аст.Чанд навбат бо муаллимаҳо бо корҳои фаҳшаш ба даст афтодааст. Махсусан робитаи ғайримашрӯъаш бо “уборщицса”-и мактабро ҳама медонанд. Аммо ҷияни “телех”-и Раҳмонов, ки ҳаст касе дилёб намешавад алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятии таҷовуз ба номус боз кунад.

Поёни бахши аввал…

Ва, дар инҷо ин матлабро ба охир мебарем, аммо, агар шумо чизе афзуданӣ ва илова карданӣ бошед дар мавриди Генерал Мурод Саидов марҳамат. Мо омодаи ҳамкорӣ бо шумоем.

Сообщение Муроди телехро мешиносед? появились сначала на ISLOH.net.

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”
Идомаи Нома аз Исфара: “Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

(бахши дуввум)

Ман сокини ҷамоати Навгилеми Исфара мебошам.Аз кору кирдори раиси ҷамоат Болтаев Аҳмадхон Ҳабибуллоевич гуфтан мехоҳам. Болтаев пеш россиячӣ-муҳоҷири корӣ буд.Ҳамчунин дору оварда мефурӯхт бо як нафари дигар.Аммо онҳо бо наркотик сарукор доштанд.Дере нагузашта Болтаев  шарики худро дар Русия  “подстава” карда гурехту омад. Шарикаш ба давраи тӯлонӣ дар Русия маҳбас шуд. Болтаев бошад  аз пулҳои тиҷорати наркотик мансабро харид. Ӯ дар давраи собиқ раиси Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ вазифаро харид ва дар ҳукумати Исфара корро сар кард. Маълумоти олӣ надошт. Дере нагузашта диплом ҳам харид ва соҳиби маълумоти олӣ шуд. 50000 доллар дода вазифаи раиси ҷамоати Навгилемро харид. Шояд бовар накунед, ки барои як раиси ҷамоат шудан инқадар пул? Инҷо як таърихчаи падари Болтаевро нақл кунам ҳамааш рӯшан мешавад. Солҳои 1996 ва 1998 падари Аҳмадхон Болтаев, амаки Ҳабибулло бо ҳамроҳии се нафар  ба раиси шаҳри Исфара аризаи дастҷамона аз номи мардуми маҳаллаи Устомулло менависанд. Ба ин маъно,ки ин мардум ҳамакаса мехоҳанд, ки коргоҳи коркарди пӯст,пойафзол ва низ тавлиди блок ва ё хишти сементӣ бисозанд ва барои онҳо шаҳрдорӣ замин ҷудо кунад.

Раиси ҳамонвақтаи Исфара соли 1998 ба ин се нафар иҷозати ташкили корхона ва спортзалро дод, ба миқдори як гектар. Онҳо мебоист корхона ва толори варзишӣ месохтанд. Дар ин миён онҳо гӯиё корхонаро сохтанд аммо кор фармудан натавонистанд. Дар ин як гектор замин ҳақи падари Болтаев 40 сотих буд. Ва ин замини ҷудошуда дар шафати мазори Муи Муборак дарканори роҳи Навгилем  ва Кулканд ҷойгир аст. Вақте Болтаев Аҳмадхон раиси ҷамоат шуд, корхонаро барҳам дода барои ба замини  наздиҳавлигӣ табдил додани онқарори ҳукумати шаҳрро гирифт ва онро сар кард ба фурӯхтан. Аввали ҳамин соли 2020 6 сотихи онро ба як сокини маҳаллаи Устомулло ба 75000 долар  фурӯхт. Болтаев бо ин қадар маблағи калон вазифаро харид ва аз 6 сотих харҷашро баровард ва 34  сотихи дигараш “НЗ” монд. Дар маҳаллаи Устомулло як майдони варзишӣ ҳаст. Ҳоло заминҳои гирду атрофи ин стадионро  раиси ҷамоат ба ёру ошноҳояш ва хешу таборонаш ҳамчун замини наздиҳавлигӣ тақсим ва фурӯхта истодааст.

Дар роҳи мошингарди ҷамоати Кулканд ва ҷамоати  Навгилем мардуми соҳибкор магазину мойка кушода истодаанд. Ин соҳибкорон ҳамааш хешу табор ва ёру шиносони  Болтаеви раиси ҷамоат мебошанд. Аммо ин мағозаву  шустушӯи мошинҳо баҳона аст. Онҳоро баъдан ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ҳуҷҷат мекунанд. Аз рӯзе,ки Болтаев  Аҳмадхон Ҳабибуллоевич раис шуд гӯё, ки як гадо ё ки талабанда раиси ҷамоат шудааст. Бо ҳар баҳона аз  мардум пул  металабад. Масалан барои ободии бинои ҷамоат, барои ободии шаҳри Исфара, барои омадани ягон комиссия хона ба хона гашта аз мардум пул ҷамъоварӣ мекунанд. Мардум на ҳамааш пул дорад, дода наметавонад. Аммо раисони маҳалла ба ин бечорагон гапҳои  қабеҳ зада таҳдид мекунанд, ки кирдори  туро  ба раис мерасонем, туро дар “чёрни  списка”-и  ҷамоат мепартоем ва аз тарафи  ҷамоат ба  ту  ягон  ёрӣ расонида намешавад. Дар ҳақиқат ин гапҳои  раисони  маҳалла рост баромад.

Бемории коронавирус барои раиси ҷамоат ба як манбаи дигари тиҷорат мубаддал гардид. Барои онки кӯчаҳоро дизинфексия кунанд аз ҳар сари хона 20 сомонӣ ҷамъ кард. Дар ҷамоат бештар аз 1000 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад. Аз ин миқдори маблағ танҳо барои ғизои кормандони санэпидемстансия ва ҳолати фавқуллодда “обед” гирифта додаасту тамом. Дигарашро ба ҷайбаш задааст. Болтаев ошкоро мегӯяд, ки вазифаи раиси  ҷамоат бароям “подарка” нашудааст. Онро дар ауксион нарх монда харидаам. Баъдаш ҳам ин аст,ки ман танҳо намехурам. Маро одамони боқувват дар боло  дастгирӣ мекунанд. Ҳатто ҳамони ёриҳои башардӯстона барои коронавирусро ҳам Болтаев ба хешу табори худаш тақсим кард. Одамони камбизоат ва оилаҳо калон аз он маҳрум монданд. Барои оилаҳои камбағал ва калони фақир маскаи хитоӣ,ки як сомонӣ арзиш дорадро,ҳамчун “помош”доданд.

Дар ҷамоати Навгилем як заминсоз буд бо номи Бақо. Аз одамони зиёд барои замини назди ҳавлигӣ пул гирифт вале мардумро фиреб дод. Арзу шикояти бисёре аз болои Бақо ба прокурор   карданд. Делои ҷиноятӣ оғоз карданд. Ӯро ҳаммаслаконаш гурезониданд. Ҳозир Бақо дар “побег”.  Мо-мардуми ҷамоати Навгилем ба Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф гуфтанием, ки дар ҳақиқат пули мардумро собиқ заминсози ҷамоат Бақо гирифтагӣ аст. Аммо Бақо як худаш нахӯрдааст.  Ҳаммаслаконаш:-раиси ҷамоати Навгилем, раиси шаҳри Исфара бо юристу ҷонишинҳояш ва раиси кумитаи замини Исфара ҳам бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, агар ҳама дар назди қонун барорбар бошанд. Ба Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф гуфтанием,ки чаро дар рӯзи қабули шаҳрвандон, ки ҳар шанбе муқаррар шудааст, мардумро қабул намекунӣ? Мо чанд навбат рафта туро пайдо накардем. Пешакӣ эълон кун то рафта вазъиятро бифаҳмонем. Охир,ин чи давлату давлатдорӣ ва риояти қонун аст?

Як нуктаи дигаре,ки моро ва тамоми падару модарон дар Тоҷикистонро дар ташвишу изтироб андохтааст, мактаб ва ғорати талабаҳо аст. Мо,намефаҳмем,ки маориф дар мо пулакӣ аст ва ё бепул? Аз рӯзи аввали хониш пулгириву пулгӯиро сар мекунанд. Агар ҳисоб кунем якмактаббача  аз  як  донишҷӯ хароҷоташ бисёр мебошад. Масалан таъмири мактаб, рангу боркунӣ, хариди мизу курсӣ  таъмири майдончаи варзишӣ ва туби волейболу баскетбол, китобпулӣ, барои гирду атрофи   мактаб гулхариву гулкорӣ, обуна шудан ба маҷаллаҳои бемаънӣ ва ғайраҳо. Ҳамин аст  мактаби  бепул? Дар  мактабҳои Исфара барои як меҳмони меомада ба Исфара ҳокимони шаҳр директорони  мактабҳоро супориш  медиҳанд, ки аз мактаббачаҳо пул ҷамъоварӣ кунанд. Гӯё,ки мо-падару  модарони исфарагӣ вазорати молияи  Тоҷикистон бошем барои ин ғоратгарон. Аттестати мактабӣ аз 20 сомонӣ то 30 сомонӣ. Талбаҳои синфи 1 ба 180 сомонӣ справка мегиранд.

Мардуми Исфара бо боғдорию ва  меваи хушк куни машҳуранд. Вале дар бозор маҳсулоти  деҳқонии худамонро озодона  фурухта наметавонем. Ҳангоми ҳосилро хушк карда ба  хона  овардан  дар  роҳ коргарони андоз монанди БДА  мошинро манъ карда аз мо андози ҳосили  хушккарда талаб мекунанд. Ин ғайриқонунӣ мебошад. Чунки соҳиби боғ андози заминро  месупорад. Ҳатто бозӯрӣ  хонаҳои мардум даромада ҳосили мардумро  баркашида андозҳои  ғайриқонунӣ мебанданд. Барои чи ягон мақомот чора  намебинад. Ва, агар гуфтагиашонро иҷро  накунед  мошини  бордори Шумо ҳафтаҳо дар  назди андоз ба гарав гирифта мешавад, замоне,ки пули пурсидаашонро надиҳӣ. Ба прокуратура муроҷиат кардем. Онҳо гуфтанд, ки чора дида наметавонем. Сабабаш дар  он аст ки буҷаи давлат аз андози шумо вобаста аст. Гуфтагии андозро  супореду боратонро гирифта баред. Оиди ба таври ғайриқонунӣ заминҳои Исфараро фурӯхтан борҳо ба прокуратура муроҷиат кардем.Ҳеҷ вокунише накарданд. Ба  прокуратура Вилояти муроҷиат кардем. Дар прокуратураи вилоятӣ аризаи моро мутахассис  доир ба замин дар прокуратураи вилоят Ҷалолзода. С ба ӯҳда гирифт. Аммо вай як порахӯри  гузаро будааст. Азбаски аз бачаҳакои “боло” ва қасдаш ҳам пулкоркунӣ аст бо ин заминфурӯшҳо забон як карда доляи худро гирифт ва моро огоҳӣ дод,ки аз даъвои худ даст кашем. Гуфт ба ин  заминфурӯшҳо зӯри ман намерасад, “криша”-и бақувват доранд. Инҳоро вазирҳо ва домоду  духтарҳои  президент “криша”ват мекунанд. Ба мардуми ҷабрдидаи Исфара Ҷалолзода.С гапи ростро гуфт.

Инҷо мехоҳем як каме аз беадолатиҳои раисаи корхонаи ҶДММ “Наҷот” бароятон ҳикоят кунам. Раиса Исомаддинова Наҷотхон ном доранд. Қариб 70%нақлиёти мусофирбари даруни  шаҳри Исфара ва берун аз он Исфара- Хуҷанд, Хуҷанд- Исфара, Исфара — Конибодом ва  Конибодом  Исфара аз шаҳрвандон мебошад, ки ба тариқи шартнома ба ин корхонаи мазкур фаъолият мекунанд. Ин ҳикоят аз қавли  собиқ коргари паймонкор дар корхонаи Наҷот аст,ки ба мусофиркашонӣ  машғул будааст. Вай мегӯяд:

“Ман барои даромадан ба кор ба раиса 2000 сомонӣ “шапка” додам. Касеро бе шапка кор намегирад. 3 сол кор кардам. 1 моҳ касал шуда натавонистам кор бароям. Дигар касро  ҷои ман ба  кор қабул кардаанд. Вақте сиҳат шуда ҷойи кор омадам раиса даъват карда гуфт, ҷои ту дигар  нафарро  ба  кор  гирифтам. Бо раиса баҳс карда гуфтам, ки корат ғайриқонунӣ аст. Аз болоят арзу  шикоят мекунам. Гуфт ба куҷое даъво мекунӣ кардан гир, аз дастат чизе намеояд. Ман ба прокуратураи Исфара шикоят кардам. Кормандони прокуратураи Исфара  доляро  гирифта  худи манро айбдор кардану раисаро ҳақ бароварданд.

Инро ҳам гӯям,ки Наҷотхон ду писар дорад. Писари калониаш дар ҳукумати Исфара, раҳбари  дастгоҳи  ҳукумат буд то чанд рӯз пеш: -Исомиддинов  Ҳабибулло. Ҳабибулло корбудкуни ин корхона ва  модараш  мебошад. То ҷое маълумотфы ба даст овардам Ҳабибулло 1000 доллар ба прокуратура дода корро  хобонидааст. Дар дасти  прокуратура тамоми далелҳо ва қонуншиканиҳои раисаи ҶДММ “Наҷот” ба воситаи аризаи ман расида буд ва имкон надошт, ки халос шавад. Танҳо роҳ пора буд, ки ҳамин тавр ҳам шуд. Ба корхонаи Наҷотхон бе  “шапка” кор даромадан намешавад. “Шапка”-ро бо писараш маслиҳат  мекунӣ ва писараш нархнома ва дар кадом линия чи  қадар додан даркорро муқаррар мекунад. Миқдори шапка дар линияи Хуҷанд- Исфара аз 6000 сомонӣ  сармешавад то 10.000 сомонӣ, линияи Конибодом- Исфара аз 5000 сомонӣ то 7000 сомонӣ. Дар линия-хатсайрҳои дохили Исфара аз 2000 сомонӣ то 5000 сомонӣ. Аммо хатсайри 9 ва 1 нархномаи шапкаш монанди линияи Хуҷанд- Исфара аз  6000 сомони сар мешавад,чун серодам аст. Баъде шапкаро дода кор даромадӣ “ту як умр дар ҳамин  корхонаи Наҷот кор мекунӣ”гуфта Хабибулло ба ронанда ваъда медиҳад. Вале дере нагузашта бо ҳар баҳона аз ронандаҳо пули иловагӣ мерӯёнад. Ҳабибулло дасташ ба пули ҳаром хӯ гирифтааст. Барои як одитарин ҳуҷҷат,ки пеши раиси шаҳр барои имзо медарорад то 500 сомонӣ нагирад он ҳуҷҷат “навбат” поида мешинад. 500 сомонии имзои ҳоким доляи Ҳабибулло буд.

Вазъияти ваҳими Ворух

Вазъият дар Ворух,ки бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст,хеле бад мебошад. Бар сари мардуми  осоиштаи Ворух чи мусибатҳои  сахт  омада истодааст, ба ҳамагон  маълум аст. Аз як тараф  заминамонро фурӯхтанд, аз тарафи дигар мақомоти қудратӣ бошанд фишор болои мардуми худ мебиёранд. Мо-мардуми Ворух мақомотҳоро мехуронем ва мепушонем вале инҳо баҷои раҳмат гуфтан мастшуда мардуми осоиштаро зери  мушту лагат мегиранд. Монанди милиса Шерзод Пиронзода. Ин милисаи порахури наркоман як мӯйсафедро дар рӯзи рӯшан  латту кӯби шадид кард. Барои ин ҷинояти мудҳиш танҳо ӯро ба дигарҷо интиқол-перевод карданду халос.Ҳеҷ чорае дигар надиданд. Ман ба мардуми Ворух гуфтаниям, ки бас аст милисаҳоро хурондан. Гӯё,ки мо қарздор бошем, ки Алфаю Омону Амнияту милисаҳоро  хуронида гардем.

Аҳолии Ворух дар муҳосира ва гарави мақомоти Тоҷикистон ва Қирғистонанд. Агар мо барои замини худамон овоз баланд кунем милисаҳои тоҷик хоин гуфта дело мекушоянд.    Агар  хомӯш истем қирғизҳо заминҳоямонро мегиранд ва даромада дар хонаҳои  худамон кушта  мепартоянд. Барои ҳамин мо дар байни осмону замин муаллақ мондаем. Ба соҳибкорони Ворух   гуфтанием, ки барои мардуми худ, барои ободии диёр кунед, барои милисаҳои беномуси порахӯр накунед. Бояд ҳамаамон якдилу яктан шуда хезем,мисли мардуми Белорус. Ҳукуматиҳои ҳаромхӯр роҳи моро дошта наметавонанд. Зеро ин замин барои ворухиҳо даркор, барои инҳо не. Инҳо фақат заминфурӯхтан, мардуми Ворухро зулм кардану пулашро гирифтан ва тюрма кардан кори дигареро анҷом намедиҳанд. Ҳар боре дар  сарҳади тоҷику қирғиз нотинҷӣ шавад,амниятиҳо филфавр эълон мекунанд,ки инҷо гурӯҳи сеюм аст ки мардумро ба иғво меандозад. Онҳо манзурашон аз гурӯҳи сеюм Ҳизби Наҳзати Исломӣ аст. Дар асл ин хел нест. Гурӯҳи сеюм ин контрабандистҳо, наркобизнесҳо, заминфурӯшҳо ва худи амниятиҳо ва сардори контрразведкаи амният Ҳакимов Саид мебошанд.

Амният сарҳадро ноором мекунад, на Наҳзат

Дар Исфара амниятиҳо чи хел кор мекунанд? Хонандагони муҳтарам ва нағз гӯш кунед ва ба як чиз  аҳамият диҳед.Ҳар боре дар ватанамон ягон гапу кор шавад, монанди  интихоботи парлумонӣ ва президентӣ дар сарҳад амниятиҳо- сардори контрразведкаи амният Ҳакимов Саид бӯи ҷангро мехезонанд ва тамоми расонаҳои озод фикру корашонро ба сарҳад  ҷалб  мекунанд ва кори инҳо кӯҳна  мешавад ва гӯё, ки проблемаи сарҳад муваққатан ҳал шуда  бошад. Ҳар боре ягон хабар дар расонаҳои озод дар бораи раҳбарони Тоҷикистон чоп шуд баъди дери дераш ягон ҳафта дар сарҳади  Тоҷикистону Қирғистон нохушӣ руй медиҳад.Ман гуфтаниам, ки дар сарҳади Чоркӯҳу Ворух ва Хоҷаиаъло ҳодисаҳое,ки рух медиҳад, кори дасти худи амниятиҳо аст. Маълум аст ки контрабанда ва наркотика аз ин сарҳадзиёд мегузарад. Ин корро сеюм гурӯҳ мекунад:кори мақомоти ду тарафи сарҳад. Одамоне, ки ба қочоқ- контрабанда машғуланд  одамони одӣ нестанд. Инҳо шаҳрвандони ХоҷаиАъло, Ворух, Чоркуҳ ва Исфара мебошанд  ва бо фармони боло кор мекунанд. Қочоқчиҳо ё аз Тоҷикистон ба Қирғистон  бор  мегузаронанд ё баракс. Дар ин кор тамоми мақомоти дахлдор аз ҳарду ҷониб ва бахусус амният шарик астанд. Барои он ки сарҳад дар ихтиёри Амният аст. Сарҳадбонон пули пораро мегиранд ва гӯё,ки ягон чизро надида бошанд, шароитро барои воридоту содироти бори дуздӣ ва қочоқ фароҳам мекунанд. Вале вонамуд  мекунанд,ки бо фармони президент бар зидди контрабандистҳо кор  бурда истодаанд. Дар асл кор дигар аст. Пеш фақат кормандони Гумрук буданд. Контрабанда кам мегузашт. Ҳозир асосан бори домодҳову  хешу табори президент мегузарад. Сарҳади Исфара роҳи қочоқи борҳову тиҷорати Президент ва домодҳои вай аст. Коррупсияи нақлиётӣ дар марзи Исфара танҳо одамони одиро меқапад. Онҳо барои ворид кардани борҳои қочоқии домодҳои Президент ёрдам мекунанд.

Беҳрӯзи домоди Муроди телех марзро сахт ноором дорад

Сардори Раёсати коррупсияи нақлиёти вилоят домоди Сардори муҳофизони Президент Мурод Саидов аст. Вай Беҳрӯз ном дорад. Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду  духтарҳои  президент аз ҳамин сарҳад  мегузаранд. Аз  Исфара  сар карда то таги ағба ин борҳоро Беҳрӯз  “сопровождат” мекунад,чунки вазифаи асосиаш ҳамин аст:бидуни мушкил расонидани борҳои қочоқии домодҳову духтарони президент ба  Душанбе. Кормандони Гумрук ва амният-сарҳадбонҳо медонанд, ки Беҳрӯз барои домодҳову духтарҳо кор мекунад. Аз ин фурсат Беҳрӯз бар суди худ истифода карда барои дигар соҳибкорҳо ва тоҷирҳо “кришават” мекунад. Вале агар ягон бори бегона гузашт,бо вуҷуди онки ҳақу ҳуқуқашонро мегиранд ба Беҳрӯз хабар медиҳанд.

Беҳрӯз ин борро дар роҳ  дастгир  карда ва доляи калон талаб мекунад,агар надод мусодира карда ба маҳкама мекашад ва ё ҷаримаҳои калон мебандад. Беҳрӯз на танҳо қочоқчиҳо, наркобизнесҳоро ҳам “кришават” мекунад. Тавассути ин сарҳад наркотики одамони боло ва одамони мақомоти орган мегузарад. Одамони одӣ пар занад парашон месӯзад. Як сабаби асосии нооромии сарҳад ҳамин қочоқбарон ва наркобизнесҳо ҳастанд,ки афроде мисли Беҳрӯзи домоди телехи Президент “кришават” мекунанд. Мо мардуми одии Исфара аҳду паймон кардем,ки минбаъд агар ин корҳо идома ёбад ҳамаи ин қочоқбарон ва наркобизнесҳо ва сарпарсатони онҳоро ном ба ном ва боаксу ҷойи таваллудашон расонаӣ кунем. Махсусан тавассути канали “Ислоҳ.нет”,ки ҳоло як шабакаи фарогир ва пурбинанда шудааст. Мо мардуми одӣ аз ҷонамон сер шудаем.( Дар мавриди дигар ҷиноятҳои коррупсионии Беҳрӯзи домоди Муроди телех таҳқиқот идома дорад. Сокинони Хуҷанд,Исфара,Конибодом ва дигар навоҳии Суғд, ҳар ҷинояти коррупсионии Беҳрӯзро донед ба мо нависед,то матлаби муфассал дар ин маврид нашр намоем “Пойгоҳи Ислоҳ”)

Аҷиб ин аст ки ҳар кадом корманди мақомот,ки Исфара кор омад, баъди як ё ду моҳ соҳиби мошину хона ва ду зан  мешавад. Кормандони Амният бошанд  мошинҳои нав мегиранд вале бо рақами транзити мегарданд. Вақте ки сардор рафт бо мошини служебнаиш меравад ва барои сардори нав баъди думоҳ боз мошини служебнийи нав медиҳанд. Аҷаб давлати бой доштаем, ки фақат мошинҳои навро барои сардорони амнияти Исфара медиҳанд.

Сардори контрразведкаи амнияти Исфара Ҳакимов Саид — инсони бераҳми порахури беинсоф аст,бо ҳар баҳона мардуми осоиштаи маскун дар сарҳади Ворух, Хоҷаиаъло ва Чоркуҳро ғам дода пулҳои ҳангуфт талаб мекунад,мо дақиқ медонем,ки чанд навбат нооромӣ дар марзро ӯ бо закази махсуси домодҳои Президент барои гузаронидани молҳои қочоқиашон ташкил карда ҳатто боиси марги одамҳо ҳам шуд.

Поёни бахши дуввум,ин таҳқиқот идома дорад ва дар бахшҳои оянда ба дигар ҷанбаҳои Исфара мегузарем.Агар шумо ҳам шоҳиди ҷиноятҳои мақомоти кишвар дар Исфара ҳастед,пас ба мо нависед,то онро дар бахши чорум ҷой кунем. Чунки бахши сеюм тақрибан омодаи нашр аст.

Ps: Хонандаи азиз,аз якояки шумо хоҳиш менамоем ҳар фарде,ки  дар ин матлаб номашро хондед, ё номи минтақае дар матлаб омадааст. Агар дар дасти шумо аксҳои он афрод ва наворҳои видеои он манотиқ бошад бароямон фиристед.Мо мехоҳем онро дар наворе,ки тақдиматон менамоем ҷой диҳем,то мардум ҷинояткоронро хубтар шиносанд.

Сообщение “Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад” появились сначала на ISLOH.net.