Архивы Навдӣ - ISLOH.net

Ҳалқарфи Ғарм: «Рӯзгори мардум дар муҳосираи зулм…»
Номаи маро алоҳида нашр кунед№21

Боз як бори дигар ассалому алейкум бародари мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин! Ташаккур, ки навиштаҳои пешинаи маро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой додед.

Аз Ғарм, аз қишлоқи Ҳалқарф менависам. Дар бораи раиси қишлоқ, ки мардумро сахт тарсондааст. Як гап мегуӣ, фақат амният мегуяд. Кораш фақат мардумфиребӣ. Ин раис Тоҳиров Файзиддин ном дорад ва дар милитсияи Ғарм ба ҳайси завхоз кор мекунад, аммо бузи пеши қишлоқ аст. Либосу пушоки милисаҳоро тақсим мекунад. Дар пеши раиси ҷамоат худашро ширин мекунад. Камтар ситораат нафорад сари бод мефурӯшад.

Тоҷирҳо ё камтар сумдорҳоро бинад, маҷбурӣ карда мегуяд, хайр кунед. Хайр, яъне барои ягон кори ҳоло мудшудаи «ободӣ»

Як сол пеш дар қишлоқи мо ду стадион барои кудакону наврасон ва ҷавонон ба 4 миллиону 300 ё 400 ҳазор рубл аз ҳисоби муҳоҷирҳо  рост карданд. Маҷбурӣ аз мардум ҳам барои ин стадион пул гирифтанд. Агар сум надиҳӣ номатро дар варақ навишта дар роҳҳо мечаспонем, шармандаат мекунем гуфта мардумро ғам медиҳанд. Мардум баъзеашон қарз карда доданд. Ҳозир бошад боз мактаб рост карда истодааст. Тоҷиронро маҷбурӣ номҳояшонро мегирад то мактабро рост кунанд.

Эй, раиси беимон, ку як бор вазорати маорифро гуй 50 халта семент аз тарафи давлат равон кунанд. Медонем равон намекунанд. Ба Худо бародар барои одаме, ки камтар шароиташ соз аст як  камаз регаш мефармояд. Аммо шароиташ камтар болотар бошад 100 халта семент дар гушҳояш кашол аст.

Мо дар қарибии мактабем. Мегӯяд, ки 500 сомонӣ ҷамъ кунед. Аз одамҳое, ки роҳашон камтар дур аст дар ҳоли ҳозир 100 сомонӣ гирифт. Он одам дорад надорад, фарқ надорад. Арматура қарз мекунад мебарад медиҳад. Худаш як арақхӯр аст. Ҳар бегаҳ маст меояд. Боз аз номи дин гап зада дуъо медиҳад, ин шайтон. Ин шо Аллоҳ, ками дигар мондааст. Инқилоб сар шавад ман якум ҳамин раисро меқапам, якҷо бо ду-се бузичаи дигараш. Корашон фақат дурӯғгӯӣ, ҳаромхурӣ, мардумфиребӣ аст.

Дар назди раиси ҷамоат ва раиси ноҳияи Рашт худашро ширин мекунад, ки «ана мо ду стадион сохтем ва як мактаб».

Эй, вой бар ҳоли ту! Ту пагаҳ чи хел ҷавоб мегуӣ дар назди халқ. Ба Худо ҳама шум мебинанд аммо фақат мардумро бо амният метарсонад. Ҳамин мардуми деҳаи моро -98 фоизашро мурғ кардагианд. Чизеашон мегӯӣ, гапшон фақат амнията мегем, ана капат дуд мекунад ҳамин хел мардума метарсонанд.

Мо дар мактаб мехондем ҳар ҳафта участковий меомад: — «ба сиёсат кордор нашен, ита нашен, ута нашен, фақат метарсонданд. Инҳо ҷавононро аз мактаб тарсониданро шурӯъ мекунанд. Алови чашми бачаҳора мегиранд, то ҳаминхел дар руҳияи мурғӣ ва тарсончаки калон шаванд. Ранги Кореяи шимолӣ кардагиянд. Фақад Ким Чин Ир нею  Рах Кун Мур гуфта таҳдидмон мекунанд.

Дар Тоҷикистон дар тарафҳои Ғарм мардумро аз кудакӣ метарсонанд. Дар ҳамон мактаб аз талаба сар карда то муаллимро таъкид мекунанд, ки ба сиёсат кордор нашавед: «ита накнен,ута накнен,ита нашвад,ута нашвад».

Ҳозир як бачаи ҷавон дар горсвет кор мекунад, дар шабакаи интиқол ё тақсим намедонам, соҳиби столбаҳо. Беҳад мардумро ғам дода штраф мекунад.

Дар ин тарафҳои Ғарм одаме, ки аз Худо дур аст, одаме,ки ишқ ба Худованд надорад, одаме, ки раҳм надорад, ана ҳамин хелиҳоро раис мемонанд, албатта боз барои раисӣ сум медиҳӣ, баъд мемонанд. Одаме, ки намоз мехонад панҷ вақт, одаме, ки аз Худо метарсад тамоман ин хелиҳоро намемонанд.

Ҳоло дар бораи вай маълумот ҷамъ дорам.

Ҳамон стадионе, ки мо дар Ғарм рост кардем ба ҷуз аз он стадиони калоне, ки  солҳои пеш буд, ин хел стадион дар район ва дар ягон қишлоқ нест. Стадионро мо конкретний рост кардем вале ба як ҷангу ҷанҷол. Як хелаш дар хонааш сум надошт, сум қарз кард. Як хелаш кудаконаш дар Қараболо вале ҳамон хел маҷбур карданд, қарз гирифта доданд. 15 000 сомонӣ сари одами одӣ дод. Барои онки шароиташ паст. Вале одаме,ки камтар нормалний аст аз 20,30 то 50у 100у 200  ҳазор рубл доданд.

Ду стадион яке дар боло дигари дар поин.

Ҳамон бачаи корманди шабакаи интиқолро чанд бор қапиданд бо дуздӣ. Суми мардумро мехурд. Мақсад аз дигар қишлоқҳо омада бузӣ мекарданд, суми онҳоро мехурд. Барои мисол меравад одамеро мебинад, ки камтар шохи дарахтро буридааст. Тамом, штраф чор панҷ –ҳазор.

Ҳозир ӯро барои ҳамин гуна «хизмтҳо»-яш раиси калон мондаанд. Бисёр мардумро ғам медиҳад.

Ана ин раиси мо Тоиров Файзиддин мардумро маҷбури маҳсулоти сохтмон фармуда мактабро рост карда истодааст. Дар ҳамон идораи ҷамоати Навди мераванд, намедонем дар бораи чи гап мезананд. Муллоҳову депутатаҳо ҳамааш мераванд. Корашон фақат мардумфиребиву пулканӣ аз мардум. Ҳар ҳафта худашро ширин карда ба пеши ҳамон раиси ноҳия муллоҳову депутаҳоро гирифта мебарад.

То ҳамин сол дар Ватсап Группа набуд, раиси ҷамоату раисони қишлоқҳо хабар надоштанд. Ҳамин сол уже группа кушоданд. Ин кори ҳамин Тоҳиров Файзиддин аст. Барои мисол барои ҷамоати Навдӣ группа кушоданд ва чанд қишлоқе дар ҷамоат дохил мешавад вориди ин группа кардаанд. Акнун раиси ҷамоат, раисони қишлоқҳо, баъд дар боло раиси амният, участкавой аз он истифода мекунанд. Ана ҳамин амният вайҳоро мефармояд, ки шумо мардумро битарсонед бо чи роҳе метавонед. Дар ҳамаи группаҳо, лично дар группаи мо шабу рӯз фақат чи мегӯянд, суми светро биспоред, суми светро намесупоред, участкавой медарояд дар даруни    қишлоқ штрафатон мекунад ё амниятро медарорем. Боз мегӯя, ки кадомеат намесупорӣ мефармоем ба Ғарм меоӣ ва агар сад сум насупорида бошӣ дувуним –се ҳазор месупорӣ. Ҳаррӯз бо ҳамин гуна гапҳояшон, мардумро метарсонанд.

То ҳамин рӯзҳо маҷлис намекарданд, маҷлис набуд. Ҳозир ҳар ҳафта маҷлис  мешавад дар чойхонаи мо ва аз ҳамаи қишлоқҳо чор то даҳ намоянда меоянд ва дар маҷлис иштирок мекунему маҷлис мекунанд. Мақсади асосии ин маҷлисҳо ҳам як чиз-тарсонидани мардум, ки сар набардоранд.

Ана он Ледиро оварда буданд қишлоқи мо, ягон беҳбудӣ накард. Омад ҳамин тамошо карду тамом. Барои тамошо кардани вай як моҳ пешакӣ хуни халқро хурданд.

Ҳамин лично раиси мо Файзиддин бинад, ки камтар ягон мошини беҳтар дорӣ, масалан тайота дорӣ  дар группа Фалониев Фалонӣ як камаз рег биёр ё сад халта семент, маҷбурӣ,маҷбурӣ мефармоянд, ки гир биё. Ҳозир ана ҳамин хел шудааст вазъият.

Як хел одам мегӯяд, ки суми светро, ки истифодааш мебаранд бояд биспоранд. Ҳо, бояд суми светро биспоранд. Худат фикр кун, ки светро ду соат пагаҳӣ, ду соат бегоҳӣ медиҳанд, любой бомжи Ғарм суми светро супорида метавонад. Худат фикр кун, ки ду соат пагаҳӣ, якуним соат бегаҳӣ чи сум мешавад?. Любой зоти инсон метавонад, ки он сумро биспорад. Ҳама метавонад, шароит доранд. Лекин вайҳо барои свет нест, барои тарсондани мардум аст ки мардум мабодое нахезанд.

Бародар Муҳаммадиқбол! Барои ман навори суҳбати раиси ҷамоат, ҳамон роҳбари шабака ва Тоҳиров Файзиддинро фиристоданд. Ин наворҳоро бароятон матн карда мефиристам. Нашрашон кунед, то ба мардум ҳам симои воқеии онҳо ҳам вазъу ҳол дар Ҳалқарфро мардум донанд:

11000 суми дига нарасидестай

Саломалейкум. Мн Сайдаҳмад ҳамун роҳбари шабака. Плани ҷамоати деҳоти Навдӣ буд нашудаст 11000 суми дига мондагияй. Ҳамаи назоратчиҳое, ки дар ҷамоати деҳоти Навдӣ фаъолият доре бигре буд куне, проблема создават накуне ( беҳад тунд гап мезана) 11000 суми дига нарасидестай. Ҳамаи ҷамоатҳо буд каран қариб. Ҷамоати деҳоти Навдӣ ай ҳама қарзи калон дора 11000сум. То соати 12-и шаба барнома кор мекна. Ҳозир Бахтиёр ним соат пас да ҷойи кориш мешава. Мо барномара ҳар замон нигаҳ мекунем, кор куне.

Пга не пгаи дига Ҷаноби Олӣ меёя

Салом алайкум ҷавонои деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ. Бачаҳо ҳаминҷа ягон масъалаҳои қишлоқдорияй, ма ба ҳамаи ҳамин намерасум. Мисол бо Маҷнун дар хонаш рафтан гардан каҷ кардам, ки дафтарручкаро бигӣ, бо ай думои корои хоҷагиҳои деҳқонӣ бшав. Илтимос ҳаму бачара хафа накуне. Хай ҳаминҷа супоришо бисёран, ма ба ҳамаи и намерсам, ки пга не пгаи дига Ҷаноби Олӣ меёя ба ноҳияи Рашта меҳмонай. Супоришомон бисёран. Ман успетшон накара истодум. Акаи Мирзовалӣ ҳасту худум ҳастум у мардак ҳасту илтимос, илтимос ай ҳама, ки ҳамин дари хонаи кадомет мерава ҳамуҷа руйхатай, номат ҳастай, чи гапе мега будуш ку. Будуш карданӣ нестӣ ба хушию хурсандӣ ҷавобуш те брава. Разбор, баҳсу муомила накне. Илтимос ай ҳамат, кадомеда китоб нарасидай, ана ина биёяй фароғатгоҳ китобша бгира брава.

Панҷ лестнитсаи дигара дар ҷош ҷобаҷо кунем

Субҳ бахайр бачаҳои Ҳалқарфи бостонӣ. Созе, тинҷе хубе? Парвардигор соз боше. Бача ҳами масалаи обунаи 35 сумаи «Оинаи Рашт»-а брасоне да ҳамон мачитои маҳалли..худтон. Баъд дуюмуш, ки масалаи барқам гашта истодай, қарз мега намона. Ҳавайшам бте сумша, барои ҳисобот туғрӣ брава, ки бегаҳ хавар бошен, ки Ситод меган мешава, барои ҳамин барқ. Каме камбудӣ бисёран бачаҳо. Кушиш кардан даркор, ки бартарафшон кардан даркор бачаҳо саривақт. Супоришҳо ҳамита метиянму, бо ба шумо ҳаминта мерасонем бачаҳо.

Баъа ҳамин масалаи мост қариб мондай коруш. Исун сентябр омадестай бачаҳо, неки корш хобай. Ку ягон групаҳое нестан, ки дар барумон бхезан. Панҷ лестнитаи дигара дар ҷош ҷобаҷо кунем. Ба сентябра и дасти бачаҳора ҳуюш кунем, ки талабаҳо хушру браван биёян. Савобҷуҳо да гуҷо бошан, биёян, то рузи шанбе як фигр мекнем, маслиҳт мекнем. Ҳашар рӯзи шанбида. Савобҷуҳо да гуҷо бошан биёян я руз ёрдам кнан, ҷамъбаст шава ай ҳаму роҳ халос шем. Бо думи мактаби 84ра бигирем. Ҳоҷӣ Атохуҷа созӣ тинҷи хубӣ, да гуҷое бошӣ била шунавидӣ да галасавой бро қатим, як чиза маслиҳат кнем кори қишлоқдорияй. Я ббро.

Ҳаминтарӣ ҷавонмардора сафша зиёд гардона

Ассалому алейкум ҷавонои деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ! Созен, хубен тинҷед. Парвардигор соз боше, парвардигори18 000-и олам дар деҳамон доимо хурсандӣ бошаду тую тамошо бошаву Парвардигори 18000 олам ҳамамона нигаҳбон боша. Бачаҳо ҳамин як чиза пешатон гузаштанӣ ҳастам ки  ба ҳисоби ҳамин мактаби 84 тағои ҳоҷӣ Зиёратшо, тағои Зиёвуддин 100 000 рублӣ урусӣ гузаронидагианд, хайр кадагиан барои ҳамин мактаби 84.

Ай шумо як чи хоҳиш менум, ки дар вақти нмозотон дар ҳақи модари шаҳидуш, дар ҳақи худшон дуъо кунед, ки парвардигор хайршона ба даргоҳш қабул кунаву Худои таоло ҳаминтарӣ ҷавонмардора сафша зиёд гардонаву деҳаи мо доимо ободӣ бошаву хурсандӣ боша. Худои таоло ҳамата нигаҳбон боша.

Худат бачаи хайрхоҳӣ

Бори дигар салому алайкум ҷавонои Ҳалқарф. Созен, тинҷен, хубен. Содиқҷон, бачаи раҳматӣ Аброриддин бародари азиз, ку я да тамос қатим бро. Худат бачаи хайрхоҳӣ, дастут да ҳами ҷамъият доимо расидагияй. Ку я да тамос бро, қатит ҳамсуҳбат шем бародари қанд.

Ду салдати дига мондай ҷобаҷо кнем плана буд кнем

Салом алайкум ҷавонои деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ. Созен, тинҷен, хубен. Худои таоло соз тинҷ боше. Бачаҳо мо ҳамин рӯз маҷлис рафта будем, расм бо гирифтем  партофтем, ки ҳамчун бо даказат, ки бо боварто биёя. Хай ҳамиҷа масалаи салдат серёзни рафта истодай. Бачаҳо пга не, то рузи якшанбе соати 12 илтимос , илтимос, ки кушиш кнен пеш ай ҳами дромадани меҳмоно биё буд кнем, ки медроян пга повисткатийӣ меша, як гав меша, хавар меша, бҳонаи гап накнем:- буз буд, дузд буд, хонама ута кард, уҷара ита кад, ки мо да ҳами гапкунӣ устоему да ободкорӣ сустем бачаҳо. Ҳамин короя илтимос накуне. Ин бачаҳо ба хушию биёе сари як маслиҳат биёе. Ҳамин ду салдати дига мондай ҷобаҷо кнем плана буд кнем. Мо дурмадани меҳмоноки вай дурмадан у вахт дигар раисат пешпешаву ваё ай қафо. Мн маҷбур мешам, ки брам худта нишон бтам, ай руи руйхат. Ин да пеши ҳамат хоҳиш дорум, ки пеш ай омадани ҳаваё кора ҳали худша деҳа биёва.

Дига чизе, ки супориш буд ба ҳамат расондум. Ҳоле акаи Собирҷонам аз ин чизо бохабар меша, ки мисол раиси деҳа мардума ба телефонӣ гуфтай. Ина шомда бо да мачит мегуем. Бачаҳо қафокашӣ накне, ки бахудо проблема мешава. Агарки проблема шид, ҳар кас ай худуш хафа шава ай ман не. Саломат боше, тансиҳат боше, хонаобод боше.

Агар коме хайркун боша, суроғ куне

Салом алейкум ҷавонои деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ! Ҳамин я эълонномаяй баротон брасонум. Кадоме агар хайрхоҳ боша, хайр карданӣ боша як камаз қум барои ҳами деволи мактаби 84 -ина ҷои хайр. Ҳамина агар коме хайркун бошад суроғ куне — як камаз мейора я дулан меёорад ина я хайр.

Парвардигор доллара ранги борон да сарут брезона. Аллоҳу акбар!

Салом алейкум ҷавонои гиромӣ! Эълони хайри қума барои деволи ҳами ғиштои мактаби 84 гуфтем, соҳиби худша бровард. Ҳоҷӣ Назриҷон ба гардануш гирифт короша дид. Ана иҷа рег мемона. Рега касе, ки дастгиримон куна ай ҳисоби палигон. Мақсад, ки мошинуш да Ҳакимҷону регуш да палигон. Ина касе чи мекуна мардонагия меген кӣ кадоме хайркун  боша, ина марҳамат бо барои рег. Саломат боше. Парвардигор дстон кама набина. Худои таоло анамитарин шербачаҳоро зиёд куна, ки ҳамин ҷои ҷаъмиятӣ, ҳами ҳе гуфтӣ ҳами шер боре бхеза кора ҳал кна. Зинда боше Назириҷун да гҷое бошӣ.

Худо раҳмат куна падарша, ана ита. Парвардигор дсти кама набине. Худои таоло ба муроду мақсадат брасӣ. Парвардигор доллара ранги борон да сарут брезона.  Аллоҳу акбар! Саломат бошен бачаҳо.

Дар охир чи гуфтаниам? Имсол феврал интихоботи вакилон буд. Бачаҳо суратҳои Эмомалиро канда мепартофтанду участковийю амният мекофтанд. Гумон мекарданд, ки кори одамҳои Ислоҳ аст. Маҷлис мегузарониданду ҷанобу тинҷиву оромиро тавсифу таъриф мекарданд ва ҳатман мегуфтанд, ки дар шабакаҳо надароед, Ислоҳ тамошо накунед, гапҳои хоионҳоро гуш накунед.

Дар намози ҷумъа фақат таърифи Эмомалӣ. Инҷо аз ояту ҳадису ҳалолу ҳарому савобу гуноҳ саволу ҷавоб нест. Ин мулло кораш фақат ҳамин аст. Корашон мардумро тарсонидан аст. Аммо, худоро шукр, бисёриашон наметарсанд. Ҳама шуморо медонанд, мардум шуморо ждат доранд, ки кай сар мекунед.

Дар Ҳалқарф се моҳ пеш повесткатиӣ сар мешавад. Имоми масҷид бесавод аст, хато мехонад, худашон мондагианд.Танҳо як риш дорад, боз аз пушташ намоз мехонанд.

Моҳи ноябр  Тоҷикистон омадм. Ришам баланд набуд. Дами 2и (андозаи теғ) мошина намегирифт, қапиданам дар Ғарм. Ҳуй хурдам. Ҳуй намехурдам бурда штрафам карда ягон статя мезанданд. Онҷо бо як ҷураам будем, ӯро ҳам қапиданд, бечора 500 доллар доду халос хӯрд.

Худоро шукр, ки халос хӯрдам. Ҳозир дар Душанбе ҳастам. Ин шо Аллоҳ, ки аз дасти ин золимон наҷот меёбем!

Охирсухани Ислоҳ

Леди- Зарина Идизода, ки ба қишлоқ омадиву танҳо тамошо кардӣ-ин нома барои ту низ паём дорад. Мардум аз таҳдиду маҷбурият хаста шудаанд, вале аз ҳама дарднокаш ин аст, ки мушкилоти онҳоро мебинеду хомӯширо интихоб мекунед. Мардум аз ту на тамошо, балки ҳамроҳӣ ва садоқат ба ҳақиқатро интизоранд.

Ба раиси ҷамоати Навдӣ ва риси деҳаи Ҳалқарф Тоҳиров Файзиддин: мардум аз ободии зурию аз ҳисоби қарзҳои камбағалон хаста шудаанд. Ободӣ вақте арзиш дорад, ки бар пояи ризоият ва шаффофият бошад, на бо тарсончакӣ ва таҳқир. Ҳар номае, ки аз Ғарм ба «Ислоҳ»мерасад, барои он аст, ки шумо бифаҳмед-мардум дигар хомӯш нестанд.

Ва ба масъулони амният: мардумро бо номи қонуният тарсонидан роҳи ҳалли мушкил нест. Қудрате, ки бар тарс бунёд шудааст, ҳамеша муваққатист. Агар шумо воқеан амнияти ҷомеаро мехоҳед, пас садои халқро бишнавед, на ин ки онро саркӯб кунед. Мардум аз сухан ҷиноят намесозанд- ҷиноят он аст, ки ба онҳо иҷозати гуфтани ҳақиқат дода нашавад.

Ин нома аз Ҳалқарф танҳо як ҳушдор аст: мардум дигар аз зулм наметарсанд. Ончиро, ки солҳои дароз пинҳон мекарданд, имрӯз худи мардум баён мекунанд. Ҳақиқатро метавон фишурд, аммо хомӯш карда намешавад. Рӯзе меояд, ки ҳар як масъул барои ҳар як амали худ ҷавоб медиҳад пеши мардум ва пеши таърих ва он рӯз хело наздик аст!.

Сообщение Ҳалқарфи Ғарм: «Рӯзгори мардум дар муҳосираи зулм…» появились сначала на ISLOH.net.

Ledy from Ғарм №4
Ид ба дӯши халқ: сафари «Ледии Ғарм» бо пули камбағалон

«И кор шухӣ нест-ай, э мардум. Ҳукумат меёя иҷо, амният меёя, раёсатуш меёя, прокуроруш меёя. Ин ҷо маъракаи чорабинии вазнин мегузара. И кори шухӣ нест-ай, э бародаро. Ба сиёсати давлат бозӣ карда намешава».

Истиқболи гарми мардум аз шумораҳои қаблӣ

Чӣ гуна матолиби «Ледии Ғарм» дар байни сокинони Рашт паҳн гардид

Шумораҳои қаблии «Ледӣ аз Ғарм», ки ба кору фаъолият ва зиндагии Зарина Идизода, раиси ноҳияи Рашт ихтисос дода шуда буд, ҳамчуноне аз куҳистони Ғарм ба мо маълумотҳо расид, дар байни мардум бо истиқболи хеле ҳам гарм рӯ ба рӯ шудааст.

Вокуниши Зарина Идизода: дастури ҷустуҷӯи муаллифон

Амният, милиса ва кормандони муассисаҳо таҳти бозпурсӣ

То ҳамин имрӯз дар ҳама гуна маҳфилу маҷлисҳо сухан ва суҳбат аз «Ледии Ғарм» меравад. Худи «Ледии Ғарм» ҳам, сахт таҳти таъсири ин навишта монда ва ба тамоми мақомот дастур додааст, ки муаллифони ин номаҳоро пайдо кунанд. Даҳҳо нафар аз сокинон, ба шумули омӯзгорон, табибҳо, ҳатто кормандони военкомат ва бемористонҳоро ба амният ва отдели милиса бурдаанд. Чандин нафар аз кормандони худи ҳукумати ноҳияро ҳам таҳти шубҳа қарор додаанд.

Нақшаи нав: такрори «сафарҳои корӣ»-и Ҷаноби Олӣ

Сафар ба деҳаҳо, буридани лента, сурудхонӣ ва рақси иҷборӣ

Баъди нашри ин мақолаҳо Зарина Идизода барои худ «нақша-чорабинӣ» кашида ва бо баъзе аз раисони ҷамоатҳо маслиҳат ва ба ин хулоса расидааст, ки корҳои Ҷаноби Олиро такрор кунад. Яъне ба деҳаҳои гуногуни ноҳия «сафарҳои корӣ» анҷом диҳад ва «иншоотҳои ҷашнӣ»-ро бикушояд ва барои ин ӯро айнан, мисли Ҷаноби Олӣ пешвоз гиранд ва дар пешаш рақсу бозӣ ташкил намоянд, кудакҳову талабаҳо суруд хонанд, мусафедҳо дуъои ҷондарозиашро кунанд. Ва ӯро (махсус таъкид кардааст, ки ҳамин тавр гӯянд: «ободкор, пайи қадамаш бобаракат, Ҷаноби олии Ғарм»).

Иштироки мардуми Навдию Ҳалқарф дар «Рӯзи Президенти Ғарм»

Чӣ тавр истиқбол ба намоиши расмии Кулобу Рӯдакӣ монанд шуд

Ва як чунин вохӯрӣ ва ифтитоҳи иншоотҳои ҷашниро дар рӯзи 16 ноябр-Рӯзи Президенти Тоҷикистон (ба гуфтаи Зарина Идизода-«Рӯзи Президенти Ғарм») дар ҷамоати Навдӣ, деҳаи Ҳалқарф баргузор кард. Чуноне аз наворҳо бармеояд, дар ин мулоқот вайро пирони ришсафеду кудакҳо айнан мисли истиқболи Раҳмонов пешвоз мегиранд ва ӯ курта-курта гӯшт гирифта истодааст.

Аммо, дар ин номае, ки дар поён мутолиа мекунед, сояҳову пасманзарҳои ин вохӯрӣ хеле ҳам ошкоро рӯшан мешавад, ки барои пешвози ин Ледӣ мардуми дар куҳистони сард ва зимистонӣ ва торики ҷамоати Навдӣ чӣ харҷу масраф ва азобҳо кашидаанд. Ҳоло ин номаро мутолиа кунед.

Нома аз Ҳалқарф: овози мардуми азобкашида

Эътироз бар зидди маҷбуркуниҳо ва қаллобии раиси деҳа Тоҳиров Файзиддин

Ассалому алайкум, устод ва муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин номаи ман аз Ғарм-ноҳияи Рашт, ҷамоати Навдӣ, деҳаи Ҳалқарф дар бораи раиси ин деҳа Тоҳиров Файзиддин бо лақаби «флис» мебошад. Ин раис чоплуси №1 аст. Мегуфта бошӣ, «Заринаи Ледӣ очаи роднойаш бошад».
Рӯзи 16 ноябр, ба гуфтаи ҳамин Файзиддин Тоҳиров, «Рӯзи пешвои муаззами миллат», Заринаи Ледӣ ба қишлоқи мо омада буд. Як моҳ пешакӣ тайёрӣ диданд барои ин «меҳмони олиқадр». Аз 29 кас 200 сомонӣ ва боз аз чандин нафарони дигар 100 сомонӣ ҷамъ карданд. Як одамро ош фармуданд, якеро себ, якеашро каду, якеро мурғ, хулоса мевагиҳо, аз ҳамаи чиз, ранги Эмомалиро мекунанд, барои ин Ледии Ғарм ҳам ҳамон тавр карданд. Ба Худо, бародар, мардум безор шудаанд аз ин раиси қишлоқ. Ҳамчунон буз аст, ки то «бас» гуфтан. Ягон гапро агар ба соатҳои шом ё бегоҳ шунид, то рӯз бедор меистад, ки чӣ тавр зуд раваду бузӣ кунад.
Як гап мегӯӣ, номи амниятро мегирад ё таҳдид мекунад, ки «ба назди участковый медарорам, ҳамаатонро ҷарима мекунад: ба сиёсат кордор нашавед». Ё ҳозир мардум худашон мактаб рост карда истодаанд, меояду мегӯяд, ки «тезта ростуш кнен, бо ай боло фармон нашава, ҳар гапмон бган». Мардум худашон 2-ошёна мактаб месозанд. (Ҳамаи аксу наворҳоро бароятон мефиристем, ҳамааш бо «факту доказателство».) Ман ба ин раис хитоб дорам: аз омадани Заринаи Ледӣ чӣ беҳбудиҳо шуд? Барои чӣ аз шӯъбаи маориф ва ҳукумати ноҳия барои сохтмони мактаб ёрдам намекунанд? Мо шароит надорем, ки мактаб бисозем, бо ин маош. 1100 сомонӣ чӣ маош аст? Панҷ фарзанд дорам. Барои чӣ мардуми камбағалро маҷбур мекунед, сум супоранд? Як бор пешниҳод намекунӣ, ки аз тарафи давлат ёрдам кунанд. Боз воҳима мекуниву лоф мезанӣ, ки «номи Ҳалқарфро мебардорам». Туро раиси ҷамоат ва амният истифода бурда истодаанд: «Мега, бояд мо яхеле райисара пешвоз бгирем, ки хурсанд биёя, хурсанд брава. Ягон проблематон шид, тезтар райиса ҳалш мена, барои и бояд номи деҳара боло бардорем дар райён».

Ба Худо, бародари мубориз, ягон қишлоқ ранги қишлоқи мо тарсу нест. Дигар қишлоқҳо задагианд и Ледиро. Вале дар мо бошад раис маҷбурӣ номҳои мардумро менависад: «ту и чиза меёрӣ, ваяш дига чиз». Мардум безор шидагиян. Ҳами бина, камтар шароитат 50 фоизаҳай да группа номта мегира, мега: «1 камаз рег ё 100 халта семент биёр ва як дуъо ранги Раҳмонов метия» ба ҳамин халос.
Дар 1 моҳ 2 бор маҷлис баргузор мекунанд ва гап фақат «пешвои миллат»: «меган, мардма чанқаи тонистейсан, ба ҳар намуд кор тарсондейсан, оқибаташ ба хайр боша».

Ва акнун дар ин қисмат, ба унвони далел ва мадорики мувассақ, феҳристи афроди барои ҷашни пешвози Идизода Заринаи Ледӣ аз Ғарм спонсорӣ карда ва корҳои анҷомдодаи раиси ҷамоат ва бархе аз чоплусонро пешкаш менамоем. Супориши сахт ин будааст, ки то расидани пойи Заринаи Ледӣ ба Ҳалқарф ҷуқуриҳои роҳ ҳатман ҳамвор ва муҳимтар аз ҳама маъракаи обунаи маҷбурӣ, бо чӣ қимате бошад, барои «Оинаи Рашт» ба анҷом бирасад. Ин ҷо эълони обунаи маҷбуриро дар ин ҷамоат барои ин нашрия пешниҳод менамоем:

Ҳамаи номи «хайрхоҳон»: рӯйхати маблағу туҳфаҳои иҷборӣ

Аз телевизор то 2 пачка пиёла -хароҷоти боркардашуда бар дӯши мардум

Эълон:
120 с супоред
35 с «Оинаи Рашт»
100 с мактаби №84
500 с мактаби №84
ҷамъбасти соли 2025-12-03 қарздор нашавед.
аз деҳа Ҳалқарф

Муҳр. Тасдиқ мекунам, раиси ҷамоати д. Навдӣ (имзои раис) Тоҳиров Файзиддин:

Рӯйхати Обунаи «Оинаи Рашт» барои соли 2026 дар ҷамоати деҳоти Навдӣ

номгӯи деҳа      шумора     маблағ         шахси масъул

1.Навдӣ               162              11340            Хидирова Ф

2 Қалъаи шайх   51               3570               Бегов К

3 Қалъаи махсуд 28               1960              Хидирова Ф

4 Кулло                 68               4760               Бегов К

5 Кочон                 125             8750               Убайдулоев Г

6 Ниширён           50              3500                Гулов С

7 Бедак                   126            8820                Убайдулоев Г

8 Ҳалқарф             98              6860                 Мирзоев Х

9 Ғарми боло        80              5600                 Алимова Д

10 Навбунёд         10                700                  Барфакова П

Ҳамагӣ                  796              55720

Ва, ана, акнун феҳристи афродеро, ки барои маъракаи пешвозгирии раиси ноҳия Зарина Идизода сум партофтаанд. Ин сумҳоро (ҳоло поинтар мехонед) барои дастурхон ва низ туҳфаҳо ба баъзе аз нафарон, ки аз номи раис тақдим карда шуд, аз аҳолӣ базӯрӣ гирифтаанд:

Бекмуродов Муродбег +200 с

Асов Наҳибулло +200 с

Ғиёсов Аҳсан +200 с

Асоев Мирзо +200 с

Азизов Далер +200 с

Аминов Ҳабибҷон +100 с

Муродов Иззатулло +100 с

Латипов Ҳандулло +100 с

Содиқов Иброим +300 с

Қандаков Нодир +400 с

Фаёзов Собирҷон +200 с

Маҳмадонов Сунатулло – хона бо хурок, гулҳо

Мирқурбонов Абдуқадим – телевизор

Қадриддинов Нажмӣ – 2 комплект набор чойпиёла

Қадриддинов Аскар – 4 пачка шарик ранга

Сангинов Ҷамшед – 1 пачка набор чойпиёла

Ғиёсов Хайридин –

Аҳмадов Муминшо –

Аҳмадов Мирзошо +100 с

Мирзоев Сабоҳидин –

Сангинов Атохуҷа –

Муборо Ҷиёдулло –

Маҳмадонов Хисрав Ҳ. –

Аюбов Ҷовидон –

Нозилшоев Хисрав –

Нозилшоев Қурбон –

Насирдинов Диловар –

Аҳмадов Мирзомурод –

Мирзоев Иҳромидин +2 пачка набор чойпиёла

Аминов Сахиҷон –

Ва, акнун, ба ҷолибтарин қисмати ин навиштаамон омадем. Ин ҷо навори суҳбати се нафар аз масъулони ҷамоати Навдӣ пешкашатон мешавад.

Се навори фошкунанда: чӣ тавр масъулон мардумро дастур медиҳанд

Фош шудани суханони раиси ҷамоат ва гурӯҳҳои ҷавонмардон

Навори аввали суҳбат, ки матнашро мутолиа мефармоед, чунин аст:

«Салом алейкум, раисои муҳтарам. Ина ситод баргузор гашт вайда, зали мақомотда оиди Рӯзи президента ҷашнгириш. Ҳамаи мову шумора лозим меояд, ки мо дар ҳудуди ҷамоат иншоотҳои ҷашнӣ дорем барои Рӯзи пешвои муаззами миллат. Дар деҳаи Ҳалқарф се иншооти ёрирасонай, мағоза, сартарошхона, баъд чупаки одамгузар. Ҳаминора мо бояд кушодакунӣ кнем.

Мардуми деҳаи Ҳалқарф як иқдоми бениҳоят хуб гирифтагианд пешвози муҳтарам раиса қати роҳбарои ташкилоту муассисаҳо, ана рӯзи понздҳум (ноябр) ҳамунҷа ҳамзамон ай баъд мегем, ки вақту ҳамачии муайян рӯзи чимонам мо баргузор мегардонем ҳунарманди беҳтарину хуштомани беҳтарину ҳамин хели ҳолатҳо мешава. Ҳамира илтимос, хоҳиш ана фаъол бошен, мардуми ҷамоати Навдӣ, шахсан деҳаи Ғарми боло, Ҳалқарф. Акаи Файзиддин, ҳами саломи мора ба мардуми деҳадоритон брасоне. Хоҳиш, илтимос мекунем, ки да ҳамин хел рӯзои ҷашнӣ дар бари худут, шахсан дар бари мо истодагарӣ кунад, ки меҳмоно меёян, айб нашавад, ки бениҳоят ҳамин баъзе масалаҳое ҳаст, ки то имрӯза ҳалли худшона ёфтагӣ нестан дар мо. Деҳаи Ҳалқарф ҳаминора бартараф кунем, ки баъде, ки омадан, хай меҳмонои олиқадр ягон камбудӣ набошад. Ай сафеду тоза кардани биноҳои ҳамин назди иншоотҳои ҷашнӣ.

Баъд ай рафти қабулам мардум меган, ку дарку масъулияти баланд дошта бошанд. Илтимосу хоҳиш, ҳамин чии мора, талаботи мора ба деҳадориҳо шахсан, ба акаи Файзиддин, ба акаи Беҳрӯз ана ба чи брасонед, ба мардуми деҳадоритон, ба гурӯҳи деҳадорӣ ҳаст. Илтимос, як коре кунан, ки да як сатҳи хуб бгзаронан.

Баъд мақсад, бо ба ҷои ифтитоҳамон бо камбудиҳо дарди сар накнем ба худмонам, барои ки баъзе ҳаст. Мегум, ки чизое то ҳозира ваё ба талаботи меҳмонои олиқадр ҷавоб намекунанд. Ай қабили кумрову баъд дига рафтагӣ, уна у иншоотои гуфти гапо, ки ана масалаҳои сохтмониву ҳаминора, хай вай охи раҳай. Роҳ роҳи давлатай, да бари вай ту масолеҳи сохтмонита рехта, ҳишки намегуяд, ки наёр, биёр, бмону, неки бо бар. Вая, аку ба даруни ҳавлита меорӣ, баъд ёки намерезиш, гуфти гапо биги, ай ҳаму роҳ бераҳааш кун, охи. Сад меҳмон мегзара, сад камбудиву сад вай меша, да ҳамун роҳ монеа эҷод шуда истодаанду ҳамиё, ба талабот ҷавобгӯ нестан ина ҳамиё. Мардум бе ягон зӯраворӣ мо ягон чи вай надорем. Бояд ҳамин рушди деҳот дар маҳал боша.

17 моҳи март буд дар Данғара майлис гузарондан пешвои муаззами миллат деҳаи беҳтарин. Хушбахтона ҳазорон мартаба шукр, ки имсолам манам раис рафтам, сазовори ҷои дуюм шудам ба ёрдаму дастгирии ҳамин мардум, ҷамоатҳои шаҳраку деҳотӣ буд, ки ноҳияи Рашт бозам ина соли дуюм аст, ки сазовори ҷои дуюм гашт дар ана ҷумҳурӣ. Ҳамин коре кунем, ки хай ҳар як ҳисоботу ҳар як суратгузоришу ҳар як чорабиние, ки мешавад, ҳамаи ҳамин ино наворои телевизионӣ мешаван, баъд иттилоот бисёр меравад, дар сомонаҳо мепартоян, ҳами бояд чии хумон нашавад. Ҳама бояд да ҳамин равад.

Барори кор мехоҳем. Ҳозир ба ғайре аз бигирем масъалаи обунара. Ина, аку ду руз шуд мо нигаҳ дорем, ягон кас ягон корам накарда истодай, ҳамин рӯз бояд як натиҷаи хуб ба даст биёрем. Мо то абити руз нига мекунем, наомаде маҷбур мешем, ки соъати се ҳамаи шумора даъват кнем, ай вазъияти обуна оиди газетаи «Оинаи Рашт» пурсем, ки дар чи вазъият қарор дорем, чи корҳо рафта истодааст. Ҳамада барои кор».

2. Матни навор: Фишор ба ҷавонон барои «обрӯи деҳа»

Барои пешвози раис ҳатто ҷӯйбор бояд «аз телевизор намоишпазир» бошад

«Саломалайкум, ҷавонони деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ. Созен, хубен, тенҷен… Хайр, як шарти эълонкунӣ гапзаниям нестай. Рӯзи шанбе соати 8 фароғатгоҳи байнда ҷамъ шудан даркорай. 9 да муҳтарам раиси ноҳияра қабул мнем да дураҳагӣ. Да унҷа меоя магазини акаи Ҳоҷӣ Сафарбег, баъд маркази деҳа, сартарошхона илтимос. Наворо, сиёмка, сурат. Як чиза гуфтаниюм, ки илтимос, илтимоси бародаронаву хешутаборона, ки ҳами хафагиё нашава ба ягон хоҷагӣ. Тозагия бқапе, бқапе, бачаҳо, наворо мешаван, салютои болоиҳо мешаван, наворо гапу чап зиёд нашавад, ки даруни деҳа, а у бландиёи куҳо навор мешава деҳа, ҳамаи и дар сиёмкаву наворӣ мешава, да телевизор пешниҳод мешава.
Ай ҳамат хоҳиш, илтимос, тозагира якумдараҷа бқапе.
Баъд ҳами ҷавонои деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ, на самом деле як кор бале намеге. Хай, мора ҳамин як сиёсатмо кардан, як рӯзи маъракаи ҳамин деҳада, раиси ноҳия шавошав рафтем, ай бачаҳои Бедак гардани каҷ кардем, мисол ҳамин Амирхуҷа бачаи фаъолай, дастгиримон кардай овардем, чиба ҳамин да барам намехезе гап занед, ки ҳамон камерчиски Шервон да мондагия, мондагия, уш қарибии хонаи акаи Холмаҳмаддаҳай… ҳамун чуқуриҳо ҳастан, кур нестан, дида истодаан ҳамун мардуми чи кайф мекардагие, ки истифода мебарад деҳа, накарда истодан ҳамуна дастӣ. Чико кунем ина. Погрузчик наёран, ки агане брам, дастш кунам, э, и обрӯи ҳамин деҳаяй, барои ободии ҳамин деҳа гап задестем. Охи, ба хонаи Шарифбега нагуфта истодему ба хонаи як каси дигара. И ҷо ҷаъмиятияй. Намеган, ки хай биё, ҳамин камбудиҳоя ҷобаҷо кунем, ки ҳамин деҳамона меҳмон мешава, у руз даҳ қишлоқ меёя, иқа талабаи беруна миёя.
И кор шухӣ нестай, э мардум. Ҳукумат меяё иҷа, амният меёя, раёсатуш меёя, прокуроруш меёя. Ин ҷо маъракаи чорабинии вазнин мегузара. И кори шухӣ нестай, э бародаро.
Ба сиёсати давлат бозӣ карда намешава. Касе мора туғрӣ бфаҳма, дар барам бхезе, ки имрӯз ма ин худм тоқа, қати Шарифбег бачам шубонӣ дорам, набераҳои акаи Маҳмагадо дар латок пушти масҷидан, дига ҳишки надида истодаам. Акаи Меъроҷидин ай пушти плакатову расмо, ки ваёра пага бо ҷобаҷокунешон. Акаи Мустафошам ҳамита хизмат дора. Кияй дига да бари ман. Илтимос, хоҳиш, ҷавонмардита ншон бте, ака.
Мо бояд ногуфта шумо биёе, мна ёрдам кнен, ки обрӯи деҳа ҳамиқа пеш брава».

3.Матни навор: Омодагии маҷбурӣ, ҷалби омма ва ҷамъ кардани туҳфаҳо

Дастурхони маҷбурӣ, тозагии ҳатмӣ ва иштироки умумии кӯдакону пирон

«Ассалому алайкум, ҷавонони деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ, созен, тинҷен, хубен.
Як эълона ба сари ҳамаи мардуми деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ брасонум, ки имрӯз ҷамоатда маҷлис буд, ай маҷлис бо ҳукумат фарёдмон кардан қати раиси ҷамоат рафтем, бо да ҳузури муовинони раиси ноҳия будем, ина бегаҳ бо да алоҳидагӣ раиси ҷамоата, раиси ноҳия бо фарёд кадай барои чорабинии кори деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ.
Бачаҳо, эълон ҳамияй, ки рӯзи шанбе раиси калони ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода ана чи мешава, меҳмон мешава да деҳа, рӯзи откритийи ҳавай мешава. Маърака, чорабинӣ бақувват мегзара то ҳамуруза, бо ина хатчаям равон кадан да телефон, ки якум масала ай тозагишон сар шава, баъд тарафи ободониҳошову ҷаъму гири халқи мардумшо. Илтимос, да хоки потон, ҷонум, падвадит накунен ҳамун рӯзи раиси ноҳия омаданда. Ай ҳамат хоҳиш, илтимос, ки ҳами дару деволо тоза бошан, зану мард ҳама рӯзи омадани раиси ноҳия дар фароғатгоҳи байн маъракаи калон мегзара, ҳамиҷада ҳама иштироки ҳамаи пиру калон ҳатмияй да иштирокшон, бачаҳо. Иҷа туҳфаҳо мешававу фаъолои диёру деҳа туҳфа менему, мақсад, ки чорабинӣ хушрӯ мегузара, фаъолона иштирок куне. Ҳама, ҳама, ҳар як хоҷагӣ, илтимос, ҳама бояд биёян. Кудаку зану мард ҳама бояд биёян. Илтимос, хоҳиш. Касе, ки да самти ана ҷавонон нестай, илтимос, ҳамду ҳамсояҳотона, илтимос, хоҳиш, ки хабардор кне, ки аввал тозагии ҳаду маҳалҳошона бинан, ки сиёмкаи наворӣ мешава, раҳу рӯй тозагиҳо. Баъд ана чорабиниҳора кушода менан.
Маслиҳат ҳаминай, ки мактаби 84 медроян, ай мактаби 84 магазини тғои Сафарбега кушода мена, ай уҷа меёя, сартарошхонара кушода мена, бачаҳо, мости талабагузара кушода мекна, баъд пеши трибунаш меоя, вохӯрӣ ба халқ мешававу баъд туҳфатививу, мақсад, кору бору дига. Хай, ваёша акаи Абдуқадимӯ акаи Сунатуло чизои вазбинии кора ана ба уҳда гирифтиян у чизои вазбин. Бо хела сабуктарем, бачаҳо. Хоҳиш, илтимос, касе хайрхоҳ бошад, ина пеши пояш (сарша поин мекна) яг комплекти чойнику пиёла мегирад, я тефал мегира, ина ай магазини Сунатулояй, а магазини Абдуқадимай. Марҳамат, касе, ки хайр мена, биёра. У руз Рӯзи падаркатийияй. Хайр кнен, брава. Касе, ки хайрхо боша, да бармон бхеза.
Ош барои талабаҳо мешавад ай ҳисоби акаи Ғайратшо. Даҳ кило бринҷа ош менем. Ҳамина мо да нақша, да гузориш да ҳукумат пешниҳод кардагием, бачаҳо. Рӯзи иди деҳаи Ҳалқарф ҳастай. Илтимос, ай ҳама илтимос, ай ҳама, ҳами, ки фаъолона иштирок кунед. Касе, ки да группа нестай, хотиррасон кунед. Ай ҳаматон хоҳиш, илтимос, ҷавоби ура бгардоне».

Ана ин буд омодагиҳо ба истиқболи Зарина Идизода, раиси калон: туҳфаҳо аз ҳисоби хайрхоҳҳо, деги оши палав ва кудакону мусафедони ришсафеди ҷамоати Навдӣ, деҳаи Ҳалқарф ва ташвишу сарсониву саргардониҳо, ки дар рӯзи 16 ноябр Зарина ба ин деҳа «ташриф» фармуда буд.
Вай худаш махсус супориш додааст, ки «пешвозгирии маро камтар аз Ҷаноби Олӣ накунед, ки душманҳо сӯзану муран. Нишон тийед, ки мара мардуми Ғарм дӯст медоран. Дар ҳақи ма мусафедо дуъо кнан, духтаро рақс ва суруд хонанд. Растаи ҳунармандо ташкил кунед…» Аммо ин Ледӣ андеша накард, ки харҷи ин сафари кории вай барои кушодани иншоотҳои ҷашнӣ, ба шумули сартарошхона, чаро бояд ба дӯши мардуми камбағал бошад?

Хулоса: Ледие, ки хароҷоташро мардум медиҳад

Сафарҳои зоҳирии идона, аммо бо азобу хароҷоти мардуми деҳаҳои камбизоат

Ҳикояи «Ледии Ғарм» ва як мулоқоти зоҳиран «идона» дар деҳаи Ҳалқарф, дар асл муодилаи дақиқи тамоми низоми зулму ғорат дар Тоҷикистон аст. Ҳама чиз бо номи «пешво», ва таъбирҳои «ид», «таҳаммулпазирӣ», «рушди деҳот» ва «ободонӣ» оғоз мешавад, аммо поёнаш ба ҳамон ҷо мерасад, ки мардуми камбағал маҷбур мешаванд аз маоши 1100-сомониаш  барои гӯшт, барои ош, барои телевизор, барои нашрияи ноҳиявӣ ва барои «обруи деҳа» пул диҳад. Пешво ва «ледӣ»-ҳои ӯ механданду мегарданд, мардум қарздор, таҳқиршуда ва тарсу мемонад.

Ин нома садои як деҳаи дурдаст нест, садои тамоми Рашт, тамоми Ғарм ва дар асл, тамоми Тоҷикистон аст. Он чӣ дар Ҳалқарф рух дод, имрӯз бо шаклу чеҳраҳои дигар дар даҳҳо ҷамоат ва ноҳия такрор мешавад: чоплусӣ, обунаи маҷбурӣ, «сафарҳои корӣ», сафҳо барои пешвозгирӣ, гиряҳои   кӯдакон дар сармо барои қарсакҳои ҷонбдорӣ задан, дуъоҳои сунъии пиронсолон барои умри тӯлони «пешво». Ҳама чиз ба хотири он ки чанд нафар дар район ва ҳукумат сабти навор дошта бошанд ва дар назди болоиҳо ҳисобот диҳанд: мардум «шукргузор» аст.

Лек, ҳамин нома нишон дод, ки тарсу хомӯшӣ абадӣ нест. Деҳқон, омӯзгор, табиб, муҳоҷир ва корманди оддии идора вақте мебинад, ки барои як «сафари корӣ»-и раис хонааш ғорат мешавад, дигар дар вай суол пайдо мешавад: ин кадом давлат аст, ки ба ҷои муҳофизати шаҳрвандон аз ҳисобашон хӯроки «ледӣ»-ҳоро мепазанд? Ин кадом «пешво» аст, ки ободиро аз ҳисоби ба гардани мардум бор кардани обуна, семент, рег ва телевизор месозад?

Мо ин номаҳоро нашр мекунем, на барои он ки ягон раиси ҷамоат ё як «ледӣ»-ро танҳо бадном кунем. Онҳо танҳо пайкари хурд аз як дастгоҳи бузурги зулманд. Аммо ҳар боре, ки як деҳаи дурдаст тавре ки Ҳалқарф ин нописандиҳоро номбар мекунад, ин девори тарсу сукут як хишт заифтар мешавад. Ҳар нафаре, ки ҷуръат мекунад ва номи худро, номи деҳаашро, номҳои чоплусон ва ғоратгаронро менависад, як қадам ба сӯи ҳамон рӯзи озодӣ мегузорад, ки дар он на «Ледии Ғарм» ва на «Ҷаноби олӣ», балки ХАЛҚ соҳиби аслии мулк ва сарзамин хоҳад буд.

То он рӯз, мо садои ин деҳқонон, омӯзгорон ва мардумони оддиро боз ҳам баландтар мерасонем. Чунки тавре яке аз қаҳрамонони ин нома навиштааст: «Ба Худо, бародар, дигар қишлоқҳо задагианд и Ледиро…» навбат ба тамоми кишвар мерасад, ки ин «ледӣ»-ҳо ва «ҷаноб»-ҳоро аз бори гардани худ бизанад, пеш аз он ки онҳо пурра нафаси мардумро бигиранд.

Поёни бахши чаҳоруми Ledy from Ғарм №4, бахши панҷумро ҳам интизор бошед!

Сообщение Ledy from Ғарм №4 появились сначала на ISLOH.net.