Архивы Нусратулло Давлатзода - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№100
Ин нашри 100умини «Номаҳо аз ноҳияҳо» аст. Тафовуте аз боқии «Номаҳо..» надорад. Вале чун шумораи садумин аст, чанд ҷумлае мешавад дар бораи «Номаҳо аз ноҳияҳо» гуфт.

Муаллифи ин барнома худи шумоед. Фарқи асосӣ ҳамин аст. Мардум ҳам аз Тоҷикистон ва ҳам аз Русия ва дигар гушаҳои дунё барои «Номаҳо…» менависанд. Мо, онҳоро мураттаб ва муназзам мекунему ба дасти чоп дод. Агарчи хело кори осон набуд бароямон ва нест, ки бо лаҳҷаҳои гӯйиши ҳамон ноҳия ва манотиқ менависанд бароямон. Гоҳо сари як нома се рӯз кор мекунем,то мақсади нигорандаро фаҳмему онро нашр кунем. Дар ин сад шумора ҳазоруяк дарду доғу мушкилу муаммоҳои зиндагии мову шумо мунъакис шуданд.

«Номаҳо…..» Раҳмонов ва мақомоти вайро девонаву васвос кард. Зеро он  мардумро дигарбора бедор кард, ҷуръат ва ҷасорат бахшид ва огоҳ сохт ва гуфт, ки агарчи матбуот дар дохил аз тарафи Раҳмонову дору дастааш нобуд карда шуд, вале ҳастанд инсонҳое, ки ҷонашонро дар кафи дасташон мегузоранду барои иттиҳоду ваҳдат ва инсиҷоми миллат алайҳи ин зулму тааддӣ қомат алиф мекунанд.  Дар ин чанд гоҳи ахир, ҳамчуноне худи шумо ҳам мушоҳида мекунед, «фабрикаи ҷавоб» дигар нопадид шуд. Чун наметавонист, ончиро ки мардум мегуяд, инкор ва ё такзиб бикунад. Ҳоло ду се нафар аз «блогерҳо»-и дастисохт ва ҷаълиро ҷойгузини «фабрикаи ҷавоб» кардаанд,то алайҳи мо мубориза кунанд. Ҳар коре мекунед, кардан бигиред. Аммо, бидонед ва огоҳ бошед, ки умри дуруғ кутоҳ аст ва дуруғ ҳеҷ гоҳ баранда нашудааст.

Бархе аз дӯстон дуруст мутазаккир шуданд, ки «Номаҳо…» мақому рисолати гумшудаи матбуоти мустақилро аз нав эҳё кард. Ҳадафи мо ҳам ҳамин аст, ки тамоми аркон ва атрибутҳои як кишвар ва давлати мардумсолорро дар кишварамон барбигардонем ва аз таҳти юғи як тоғут ва диктотур наҷот диҳем.

Барои анҷом ва иҷрои ин ҳадафи олӣ ва ин роҳи бузург ҳамроҳи мо бошед ва аз ироаи номаҳо ба «Ислоҳ» як лаҳза ҳам тағофул накунед. Шумораи садумини «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро бо кулли дӯстон табрик мекунам:

Хуҷанд

Салом муҳтарам Муҳаммадиқболи Садриддин!

Ман сокини вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ҳастам. Дар бораи ҷиноятҳои яке аз роҳбарони амният дар шаҳри Хуҷанд гуфтаниҳо дорам.

Наздики як сол мешавад, ки Қурбонов.С дар мақоми сардори амният ба шаҳри Хуҷанд фиристода шуд. Зери дасти генерал раиси КДАМи Вилоят Алихон Зубайдов кор мекунад.

Бародари ман соҳиби оила ва ду фарзанд аст. Солҳои тулонӣ дар Русия муҳоҷир ва дар ҳамонҷо ва умр ба сар мебурд. Моҳи март барои дидани фарзандҳояш ба Хуҷанд омад. Баъди 3-4 рӯзи зиндагӣ бо аҳли байташ дар хона пушти дари ӯ кормандони амният омаданд ва ӯро бо худ бурданд.

Панҷ рӯз ман ва оилаи бародарам пушти дари амният гаштем. Яке аз кормандони амният гуфт, ки бародари шумо салафӣ аст. Мо ҳайрон шудем. Бародари мо муҳоҷири одӣ аст ва даромади оилаи ӯ аз кор дар сохтмонҳои тоқатфарсои  Русия мебошад.

Ин нафар гуфт, ки ман бо Қурбонов.С ошноӣ дорам. Агар хоҳед, ки парванда оғоз нашавад суҳбат кунам. Ман фикр кардам, ки 5000 $ ё 10.000 мепурсад. Қаблан шунида будам, ки нафси онҳо ба ин андоза аст. Вале иштибоҳ кардам. Нафси Қурбонов.С беҳад калон будааст. Соат тақрибан 9 шаб буд. Ин нафар баромаду гуфт 40,000$ биёр озод мешавад. Ман бо шунидани ин нарх чанд лаҳза карахту лол шудам ва гуфтам ҳатто хонаи худро фурӯшам ҳам ин микдор  пул надорем. Ин нафари ошнои Қурбонов.С ,ки дигар акнун конкретно посредникӣ мекард, гуфт:  «агар не 8 сол пушти зиндон меравад.”

Гуфтам:  чи далел доранд?

Гуфт:  “дар телефони бародарат лайк зери наворҳои шейх кимки, ки дар Тоҷикистон манъ аст гузоштааст.”

Аҷибаш дар он ки агар 40.000$ медоштам бародарам салафӣ намешудааст гуфтаму хона баргаштам. Парванда оғоз шуд. Панҷ рӯз амният маҳкам кард. 3 моҳ дар Сизо шишт, ки дар се рӯз як бор ғизо барои бародарам мебурдам ва дар он ҷо аз мардум мешунавидам, ки Қурбонов. С ба фарзанду наздикони онҳо ҳам чунин тухмат карда пушти зиндон бурдааст. Мардуме, ки барои додани ғизо меомаданд бо сад дуои бад мегуфтанд, ки хонаи Қурбонов. С сузад, фарзандонаш пушти ин зиндон бошанд.

Қурбонов.С як инсони чашмгурусна аст. Дар як муддати кутоҳи кор дар шахри Хуҷанд савори мошини гарон ва чанд манзил дар сохтмонҳои нав шуд. Кору бораш дар тарабхонаҳо ва айшу ишрат ва дар гирдаш духтарҳои сабукпо ё духтарони ҳамон муҳоҷироне зиндонияшон карда ва ё падаронашон дар муҳоҷиратанд. Ҳама махириҷи ин айшу нуш аз ҳисоби соҳиби тарабхона. Дар шаҳр мисли ҳоким аст. На қоидаи роҳро риоя мекунад, на эҳтиром ба шаҳрванд мегузорад. Вақте касе барои озодии ҷони худаш пора медиҳад боз маҷбур мекардааст, ки ҳамкорӣ кунад ва барои вай доносчик ва стукач шавад.

Як забону муомилаи фач дорад. Касе гуяд, ки шикоят ба Алихон Зубайдов, раиси КДАМ-и вилоят мекунам, мегуфтааст, ки ман задагӣ ҳам генералатрову ҳам онҳое, ки ту ба онҳо шикоят мекунӣ, ман соҳиб дорам. Соҳиби вай СС.Ятимов будааст. Аз инҷо маълум мешавад, ки СС.Ятимов чунин кормандонро барои ҷамъоварии маблағи зиёд ба чунин вазифа мефиристад. Қурбонов.С борҳо гуфтааст, ки «шумо будикҳо ҳамдигарта зур мефурушен, инҷо ҷои сумдор аст».

Ният доштааст, ки ҷои Алихон Зубайдовро соҳиб шавад. Барои ҳамин пора ҷамъоварӣ карда ба СС.Ятимов мебарад. Нисфи ҷавонҳои Хуҷандро тарсонида буз карда истифода мебарад. 9 сентябр дар телевизион дидам, ки аз дасти президент мукофот гирифт .Як чиз мушаххас шуд, ки агар пул дошта бошӣ ва пора дода тавонӣ ба Қурбонов.С аз ҷавобгарӣ озод мешавӣ.

Дар пушти дари зиндон бо садҳо кас вохурдам, ки гуфтанд Қурбонов.С барои як лайк парванда боз кард, то резултат нишон диҳад ба раисаш СС.Ятимов.

Аммо бовар дорам, касе пора дод, озод кард, вале бархе аз онҳоро истифода ҳам мебарад. Бародари ман агар 40.000 $ медошт салафӣ намешуд. Азбаски надорад, ӯро тухмат кард. Худо хонаи Қурбонов.С -ро сузонад. Ба сад ғаме, ки сокинони Хуҷандро гирифтор кард, худ гирифтор шавад.

Халқи Хуҷанд, аз шумо хоҳиш менамоям, касе аз дасти ин чашмгурусна ба туҳмат гирифтор шудааст, нависед то мукофоти қалбакии ӯ аз дасти пешвояш  ба заҳр табдил шавад.

Шуробод

Дар оғози ин номаи аввал аз Шуробод ё Шамсиддини Шоҳин инро меафзоям,ки ба унвонии “Ислоҳ” чанд нома аз ин ноҳия омадааст, ки тасмим гирифтем ҳамаи номаҳоро дар ин №100 “Номаҳо аз ноҳияҳо” ҷой кунем.

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол.

Ман коргари собиқи ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шурободам. Мехоҳам дар бораи раиси ҷамоати Саричашма маълумот фиристам. Фахриддин, писари доктор Тоҷиддин аввалҳо дар Амонатбонки Саричашма кор мекард.

Вай ҳам раис, ҳам кассир ва ҳам қаровул дар ин бонк буд. Яъне ин бонк ҳамагӣ як коргар дошт, ки ҳамин Фахриддин буд. Мардум ҳафтаҳо дар навбати маошу нафақа меистоданд. Ва аз ҳар маоши духтуру муаллиму фаррош ва пенсияи пиронсолон ҳақи худашро мегирифт. Тасаввур кунед, ки ин пулҳо ба ғайр аз маошаш. Ин чи тарзи давлатдорӣ аст? Ин давлат не, балки мафияест,ки барои азияту азоби мардуми тоҷик сари қудрат оварда шудааст. Соли 2021 баъди дар ҳолати мастӣ аз дунё гузашта шудани раиси ҷамоат Фахриддинро ба хотири маҳорати хуби ҳаромхуриаш раиси  ҷамоат гузоштанд. Дар ин ду соли раисиаш борҳо барои Саричашма пул аз ҳукумат ҷудо шуд. Масалан барои роҳи 18 километари Саричашма 12 000000 доллар ҷудо шуд. Ҳамаро чену андоза карданд, тамоми омодагиҳоро диданд, схемаашро ба ҳама мардум нишон доданд, аз Дастгоҳи иҷрои Президент омада табрикоти раисро ба мо расониданд.

Баъди ин раиси ноҳия бо ҳамроҳии сардори амният омада гуфтанд, ки пулро гузарониданд, ҳама омода аст, 2 ё 3 ҳафта пас корро шуруъ мекунем. Баъди даъват шудани Фахриддин ба назди раиси ноҳия омаданду дар чуқуриҳои роҳ санг рехтанд, дар телевизор реклама карданд, гуё роҳ соз карданд.

Маблағи умумии сангрезӣ ҳудуди 50.000 (панҷоҳ ҳазор сомониро ташкил медод. Бо ҳамин 12 000000 млн долларро муш хурд.

Ин чи ҳукумат аст? Фахриддин аз кудакияш дар қишлоқ як дузд шинохта мешуд. Бо ҳамроҳии падараш доктор Тоҷиддин ва додараш Эраҷ гову моли мардумро шабона ё дар вақти ҳавои туман ба хонаашон мебуранд ва дигар нишонашро намеёфтӣ. Мардум шикоят мекарданд, вале зури касе ба авлоди инҳо намерасид.

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ин номаро ман, як пизишк аз Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, собиқ Шуробод мефиристам.

Мехоҳам дар бораи қотилон ба шумо ҳикоят кунам. Сино, сардухтури беморхонаи Саричашма аст. Ин алкаш аз рӯзе,ки ин вазифаро гирифт, ҳар рӯз пиён ба кор меомад. Соли таваллудаш 1993 аст. Тарбияи дуруст надорад. Ҳатто занҳоии калонро дар фалонатон фалон кунам гуфт дашном мекунад. Соли 2021як духтар-талабаи мактабро ба мошинаш савор карда ба тарафи шаҳр дамгирӣ меравад. Вале дар ҳолати мастӣ авария мекунад. Духтар ҷароҳати вазнин мегирад. Аммо Синоро касе ҷазо намедиҳад.

Соли 2022 бо ҳамроҳии духтурон арақ менушанд. Дар ин вақт ҳамсинфи Сино ба номи Қурбон писари 2солаашро ба беморхона меорад. Кудак табаш баланд. Капел гузаронилан мумкин нест. Бояд аввал таб поин оварда шавад. Ва,Раҳмонв ном врач, ки сахт пиён буд, ӯро дарҳол капел монд ва кудак дасту пояш яку якбора аз кор монд. Яъне судорого дод. Фардояш ӯро ба шаҳр бурданд. Вале кудак аз дунё гузашт. Падари кудакро фарёд карда бо ӯ чи муомилае карданд. Ва ӯ аз шикоят даст кашид. Сино беморхонаро ба шаробхонаву фоҳишахона табдил кардааст. Саҳар меояд бо духтурҳо менушад. Камтар занҳоро дашном мекунаду меравад тарафи шаҳр, аз қафои духтарбозиаш. Касе бигуяд, ки ман дар амният шикоят мекунам, ҷавоб медиҳад, ки ман амнияту милисаву прокуроратро задагӣ: «Фалонма да даншон метм, ови чима мехронмшон». Охир мо духутурон бо ин вазъу ҳолат чихел кор кунем дигар ?

Дигар метарсем, ки боз ба худамон проблема мешавад.

Ва, ҳоло дар ин қисмати ин нома навиштаи дигареро пешниҳод менамоем.

Ҷурахон як таксисти буз аст. Кораш фақат бузӣ кардан дар мақомоти золим аст. Бо мошиндорон суҳбат мекунад ва аз таги дили онҳо даромада аз онҳо мепурсад, ки документ доранд ё не? Агар ягон ҳуҷҷаташон набошад дарҳол хабар медиҳад ва он бечораи камбағалро штраф мекунанд. Бачаҳои сини хизмати ҳарбиро низ бузӣ мекунад. Мардумро пул дода фоиз % мегирад.

Мегуяд, касе мегуяд,ки % ҳаром аст,занашро бо очааш флон мекунам.Гуфт зани муллоеро фалон мекунам,ки мегуяд % ҳаром аст. Мо аз як мулло пурсидем, гуфт ҳаром аст. Гуфт раведу Ҷурахонро бигуед, ки агар ғайрат дорад биёяд рубару ҳамон гапҳояшро такрор кунад. Ҳоло дин бесоҳиб намондааст. Ҷурахонро гуфтем, ки мулло ҳамин хел мегуяд. Аз тарс дар ҷояш тар кард, гапа тоб доду гурехт. Бо духтарҳои фоҳиша рушод зино карда боз аз ин кораш фахр мекунад. Писари ин бадахлоқ корманди мақомот аст. Аз падраш ҳеҷ камӣ надорад.

Номаи дигар аз аз як деҳқони шурободӣ.

Ман кам-кам бизнеси мева мекунам. Дар бораи як дузди баобру ва муҳтарам ба шумо маълумот медиҳам. Лолаҳмад, ки бо номи муаллими Лол машҳур аст. Яке аз дуздони зирактарини деҳа ва яке аз тағадорҳои вазнини Саричашма мебошад.

Ин муаллими Лол говҳои деҳа, ки даштҳо сарҳуй ҳастанд бо говҳои фермаи Чордара якҷо карда бо чупонҳо, ки чандин сол шуд додугирифт доранд дар дигар ноҳияҳо мефурӯшанд ва байни худ тақсим мекунанд. Кришаашон Нураҳмад, бародари муаллими Лол, собиқ коргари коррупсия аст. Ва қиссаи инро ҳам менависам. Ба худо қасам мехурам, ки вақте ҳаво туман мешавад аспашро савор шуда даруни рамаҳо даромада аз байни рама гусфандонро дар хурҷинаш бор карда меравад. Чандин бор ин амалашро одамҳо дидаанд. Соли 2010 командаашро қапидаанд. Мардуми қишлоқ ҳама ба по хест. Аммо Кари Файзимад, хеши муаллим Лол, ки дар гузашта дар Прокуратураи генералӣ кор мекард масъаларо дар ҷояш хобонид аммо ин то имрӯз ба дуздиаш давом медиҳад.

Дуздии муаллим Лол ингуна ошкор шуд. Навкар писари Файзро, ки талабаи мактаб буд муаллим Лол боҳамроҳии муаллим шер дуздиро нишон доданд. Навкар чорвоҳоеро, ки шаб дар саҳро мемонданд, мекуштааст ва ба хонаи муаллим Шер ё муаллим Лол омада мегуфтааст, ки гушт дар фалон чоҳ аст ва инҳо шабона рафта мегирифтаанд ва бозор бурда савдо мекардаанд ва дар дафтари худ барои ҳисобу китоби худ менавиштаанд, ки гусфанди фалонӣ ё гови фалони ана ҳамин қадар сум шуд. Марде бо номи тошмат, ки бузи ӯро дар саҳро мекушанд ва ӯ аз дур назорат мекунад ва фардо дар бозор дар байни мардум мегуяд, ки муаллим Шер ин гушти чӣ аст, мегуяд, ки аз буз аст. Мегуяд, ки калаву почаашро нишон деҳ. Муаллим не мегуяд. Вале Тошмат исрор меварзад ва мардумро ҷамъ мекунад ва мегуяд, ки «инами гушти бзи маай, нишонаш фалон». Мардум бо зӯр каллаву почро мегиранд, ки воқеан Тошмат рост мегуяд. Милиса меояд ва муаллимро отдел мебаранд ва Навкар ва муаллими Лолро ҳам мебаранд. Ҳамаашро қоил мешаванд ва дафтарро мекушоянд. Зиёда аз ҳазор гову моли мардум бо номҳои соҳибонаш навишта шудааст. Аммо то бегоҳ озод мешаванд. Чунки акаи муаллим Лол дар коррпусия кор мекард ва хешаш Карим Файзимад дар Прокуратура генералӣ кор мекунад. Мардум дигар аз тарс чизе нагуфтанд. Ин аст аҳволи режими “пешвои миллат” ё “пешвои дуздони” миллат

Боз ҳам як номаи дигар аз Шуробод

Ва, як номаи дигар, аз деҳаи Саричашмаи Шуробод расидааст.

Ёқуб, писари Абдураҳмони арақфурӯш яке аз коргарони баландпояи ҳукумат ва педофили №1 аст. Ёқуб дар соли 2016 ба хотири аз ҳад зиёд машғул шудан ба педофилӣ аз кор ронда мешавда ва ба муҳоҷират меравад. Як ҷавон аз қишлоқамон дар Москва дар як завод бригадир буд ва Ёқубро ба ҷои кор таъмин мекунад. Бачаҳо мегуянд, ки ин сабзи ба даст аст.  Вале ин бача бовар намекунад. Як рӯз ба ин бача данний медиҳанд, ки Ёқуб бо Шерафкан рафтанд хона барои анҷом додани ҳамон амалҳояшон. Ин бача меравад ва ҳодисаро бо чашми сар мебинад. Баъдан Ёқуб мегуяд, ки биё ака чанд суме расход мешавад аз кисаи ман, табобатат мекунем. Ёқуб мегуяд, ки кори худатро кун, ба ман кордор нашав. Ва ин бача Ёқубро мезанад ва бурда аз аэропорт рост Тоҷикистон равон меукнад. Ёқуб мегуяд, ки «ачам ба ҷои …,ма тра суд мекнам». Ва,чанд муддат ногузашта ин ҷавонро ФСБ-Москва дастгир ва ба Тоҷикистон мефиристад ва бо бузии ошкорои Ёқуб бо статяи салафия ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Баъди ин Ёқуб боз ба вазифаи худ баргашт. Мардуми деҳа аз ӯ мегурезанд. Бо ҳар касе гап занад, мегуяд фалон коратро ҳал мекунам, бо ман ин кори сабзи ба дастиро анҷом деҳ. Боз агар пиён шавад ошкоро …. одамҳоро меқапад. Ногуфта намонад, ки аввалин шахсе, ки бо Ёқуб ин корро кардааст ҳамкурсаш, писари М. У аст. Вақте бо бачаҳои Саричашма дар ресторан нишастаанд гап дар бораи Ёқуб меравад. Писари У… мегуяд,ки Ёқуб янгаатон аст. Бачаҳои Саричашма, аз ҷумла бачаи Шоев Ислом ба сараш мехезад, ки мегуяд биист, ҳозир Ёқубро фарёд мекунем. Ёқуб меояд ва иқрор мешавад ва бачаҳои Саричамшма шарманда шуда мебароянд.

Номаи охири шурободиҳо

Ман як хоҳари шумо аз Саричашма ҳастам. Соҳиби 7фарзанд ва як набера. Мехоҳам дар бораи як ҷодугари буз ба шумо ҳикоят кунам. Ин ҷодугар мулло Абдулло –занакабози бенамоз аст. Дар умрш як ракаат намоз нахондааст вале илми динӣ дорад. Бисёри муллоҳо ва хатибони Саричашма аз вай дарс мегиранад вале аз ӯ намепурсанд,ки чаро намоз намехонад. Дар маъракаҳо дар саф ва бари боло ӯ мешинад ва муллоҳои дигар баъди ӯ. Солҳои пеш ин ҷодугари бенамози мулло Абдулло фатво дода буд, ки панҷшанбегӣ, чилу сари сол, серузагӣ, ҳафтум, ҳамаи инҳо дар китоб омадагӣ ва савоби бузург дорад ва шогирдонаш, аз он ҷумла сархатиб мулло Садриддин дар масҷиду маъракаҳо гуфтаи устодоашонро ба мардум мерасонданд. Мардум аз инҳо безор шудаанд. Бовар кунед соати 12-и шаб дарвозаро бо по тақтақ мекарданд. Мегуфтанд, ки дуокунӣ омадем. Аз хоб мехестем, барои инҳо хурок мепухтем. Ба Аллоҳ қасам гапҳоям 100% рост аст. Агар бовар намекунед дар минбар эълон кунед. Мардум аз ин бадтарашро ба шумо менависанд. Мурдадор дар ғами мурда нею дар ғами шиками муллоҳо буданд. Бовар кунед, ки ҳатто барои дуохонии бемор ҳафт нафара меомаданд ва ҳар кадомаш 50 сомонӣ ставка доштанд ва қариб то саҳар мешиштанд. Аллоҳи меҳрубон ба доди мо расид. 6 сол пеш як ҷавон аз қишлоқи худамон, ки дар шаҳр таълими динӣ гирифта буд омад ва инҳоро шарманда кард. Худаш бепул дуо мехонд. Баракс, мегуфт, ки агар пул диҳӣ дафъаи дигар намеоям. Ин шогирдони Абдуллоҳ аз масҷид ҳам руй гардонданд. Чунки дигар на панҷшанбегӣ ҳаст на серузагӣ ва на касе онҳоро дуохонӣ мебарад ва аз шармашон гуфтанд, ки мо ба китобҳои ҳозира бовар надорем. Ҳатто гуфтанд, ки мо ба Қуръони ҳозира бовар надорем. Аммо худи Абдуллоҳ аз ҷодугарии худ даст накашидааст. Ҳар рӯз духтарҳо ва занҳои шавҳардор пешаш меоянд ва онҳоро дар утоқи махсуси худ қабул мекунад. Чизе мохонаду дигар фақат саволҳои бемаънӣ медиҳад. Мегуяд, ки тазат калон аст ё майда, аз кадом аъзои баданат бисёр кайф мекунӣ, бо шавҳарат чанд бор хоб мекунӣ, то сер карданат зӯри шавҳарат мерасад? Ана ҳамин хел саволҳо мекунад. Чандин падар ва шавҳарони занҳо даъво ва шикоят карданд. Вале мақомот ба вай кордор намешаванд. Занҳое, ки шогирдҳояшанд, рузҳои ҷумъа саҳари барвақт косметика карда бо очеред пешаш медароянд. Ҳар кадомаш як соат бо устод ҳақи танҳо нишастанро дорад. Бовар накунед, эълон кунед, нигоҳ кунед. ки мардум дар бораи ин ҳаром чизҳое менависанд, ки дар ҳайрат меафтед. Боз ин Абдулло дар сари роҳ меистад, бачаҳои моро мегуяд, ки масҷид наравед, ки ақидаатон безеб мешавад, мебаранду тюрмаатон мекунанд.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ҳар вақте номаи маро хондед аз мардум хоҳиш кунед, ки дар бораи ин Абдуллоҳ ба шумо бинависанд. Чунки аз тамоми Тоҷикистон духтарону занон пеши ин барои ҷодугарӣ меоянд.

Пештар ба шумо гуфта будам, ки дар бораи Нураҳмади бародари Лол менависам. Ҳоло қабул кунед. Нураҳмад дар коррупсия кор мекард. Ду сол шуд, ки пенсия баромадааст. Ва ба сохтмони биноҳои баландошёна машғул аст. Бовар кунед, зиёда аз сад нафар сокинони деҳаро бурда кор фармуда пулҳояшонро надодааст. Ваъдаҳои дуруғ дода сол мегузарад. Дигар мардум пулҳояшонро фаромуш мекунанд. Аз ҳисоби мардум дар бузургтарин ресторанҳои шаҳр маъракаҳояшро мегузаронад. Мошини Мереседес С класс дорад. Ҳамааш аз ҳисоби мардуми бечора аст ки дар таги дасти вай кор мекунанд. Шавҳару писарҳои, мо моҳҳо кор мекунанд, имрӯзу пагоҳ гуфта ҳатто раҳпулии то хонаашонро намедиҳад. Дар милиса шикоят мекунанд,номашро мегиранд, милиса метарсад. Ҳеҷ чорае надоранд шавҳуру писаронамон  ҷуз ба шумо муроҷиат кардан. Ҳоли ин гуна шахсон дар пеши худо чи гуна хоҳад буд? Оё мо метавонем дар он дунё ҳақи худро аз ин бадбахт бигирем?

Бародар Муҳаммадиқбол! Дар бораи Наимов Сулаймон, директори интернат дар барномаи шумо гуш кардем. Вай мегуяд, ки «мо, то имрӯза фалон карда гаштем, боз фалон кардан мегирем, аз дасти ҳеҷ кас ҳиҷ чи намеояд, ба ғайри Ҷаноб люботашро фалон мекунем”. Наим Сулаймонро мо дар хонааш кор мекардем. Занаш филмҳои ҳароми африкансҳоро тамошо мекард. Тамоман изо намекашад ҳатто мо занҳоро ҳам медид оддӣ буд барояш. Аллоҳ аз ин гуна занҳо паноҳ диҳад…

Рашт

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!
Ман як сокини ноҳияи Рашт ҳастам. Мехоҳам дар бораи корҳои нопоки Набиев Олимҷон -Муқимӣ Раҳимҷон Набизода раиси ноҳияи Рашт каме ҳам бошад нависам. Кору амали ин раиси порахури дар фасодғутидаро мебинему ҳайрон мешавам.

Барои чи ман Набиев Олимҷон навистам?  Чунки то раиси ноҳия шуданаш ном ва насабаш ҳамин хел буд. Баъди ба мақоми раиси ноҳия расиданаш дарҳол тағйири ном ва насаб кард ба Муқимӣ Раҳимҷон Набизода.  Вай аз бачагӣ то ҳозир бо пули ҳаром калон шудааст ва фарзандонашро бо пули ҳаром хуронида истодааст. Падараш беш аз 20 сол директори мактаб-интернати Навобод буд. Маводу маҳсулоти ғизоии ятимонро   панҷоҳ дар панҷоҳ медод. Барои мисол агар 50 кг гушт ворид мегардид, 25 кг онро ҳатман ба хонааш мебурд.
Набиев Олимҷон ё Муқимӣ Раҳимҷон Набизода писари ҳамон ҳаромхур мебошад. Набиев Олимҷон, раиси Рашт аз давраҳои дар сохторҳои гуногун кор карданаш то ба имруз ба порагириву порахурӣ машғул мебошад. Бовар кунед вай дар паи ободӣ ва осудагии мардум нест ва намебошад. Ин нафар яке аз нафароне аст ки дар вақташ муқобили давлати кунунӣ буд аммо имрӯз лоф аз сулҳу суботу оромиву осоиштагии мамлакати азизамон мезанад.

Аз давраи ба сари вазифа омадани Набиев Олимҷон тамоми мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ру ба таназзул оварданду дар фасоду ришват ғута заданд. Фасодзадатарин мақомот ин раёсати  молияи Рашт, шуъбаи маориф,   нозироти андоз, беморхонаи марказии ноҳия мебошанд.

Раёсати молияи ноҳияи Рашт зери роҳбарии Балазода Хурсанд Давлатёр ба идораи фасоду ришват бадал шудааст. Ин раис дар ҳаромхурӣ, порагирӣ ва дуздӣ аз Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ҳеҷ камӣ надорад, баракс вай ҳам гузаронидагӣ аст. Зери роҳбарии ин дузд Балазода Хурсанд Давлатёр чанд нафаре ҳастанд, ки ҳамааш ба мисли худаш порахур ва дузд мебошанд. Яке аз онҳо як марди бе ниҳоят ҷавон,ки сардори шуъбаи ба нақшагирӣ мебошад Давлатов Суҳроб аст. Ман тули 63 соли ҳаётам, ки дар вазифаҳои гуногун дар сохторҳои гуногун кор кардаам ба мисли ин бешарафро надидаам. Дар уқёнуси ришвахурӣ ғута задааст, ки ҳеҷ имконияти пок шуданаш дар ин дунё нест. Аз тамоми муассисаҳое, ки ба маблағҳои буҷавӣ сару кор доранд, то10% маблағро нагирад, иҷозаи гирифтани маблағро намедиҳад.   Вазири молияи Тоҷикистон бояд пеши роҳи ин беадолатиро гирад. Агар вазири молия ба ин масъала хунукназарӣ кунад, тамоми соҳаҳои ҳаёти халқ дар Рашт фалаҷ ва касод мешавад.

Боварии комил дорам, ки вазири молия бетарафӣ нахоҳад кард.
Мегузарем ба шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт. Яке аз соҳаҳои муҳимтарини кишвар ва ҳамагуна давлату давлатдорӣ ин маориф мебошад.  Вазири маориф куҷоро нигоҳ карда истодааст. Кадреро ба ин вазифа таъин намудааст, ки бовар кунед шоистаи вазифа нест. Ҳамаи муассисаҳои таълимиро расво карда истодааст. Вазири маориф бояд аз пайи ислоҳи вазъ бишавад. Идораи нозироти андози Рашт ба мисли Раёсати молия як мақоми фасодзада аст. Ин идора дар гузашта яке аз мақомҳои хуби ноҳия буду кадрҳои бо лаёқат дошт.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ ин идораи бе ниҳоят заруриро ба чор нафар аз гулакони бе савод, ки баъзеаш ҳатто номашро навишта наметавонад, таъин намудааст, ки ҳайрон мондам. Роҳбари ҳозираи андози ноҳия Нуров Абдулло Қулмаҳмадович соли таваллудаш 1988 мебошад. Дар рӯзҳои наздик чигуна ба ин мақом омадани ӯро ҳам навишта ирсол мекунам.  Ин қадар кадрҳои ҷавони порахурро ман тули 63 сол надидаам, ки ҳозир мебинам.
Мегузарем ба беморхонаи марказии ноҳияи Рашт. Барои ҳамаи пизишконе, ки дар ин муассисаҳои тандурустӣ кор карда истодаед, мерасонам, ки Шумо ба ҳаёти одамҳо сару кор доред. Бо инсоф бошеду аз Аллох тарсед. Агар инсофро риоя намекунед якояк бо ному насабу мақомҳоятонва инки нархи қабулу дорухату табобататон чи қадар аст, менависам .

Ҷаноби Маҳмадтоири Зокирзода, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон пеши виҷдонат ту чи ҷавоб хоҳӣ дод? Агар ин қадар бе виҷдон ҳастӣ, фардо дар назди Аллоҳ чи хоҳӣ гуфт. Аз Аллоҳ битарс ва ин  Набиев Олимҷон- Муқимӣ Раҳимҷон Набизодаро монед равад аз вазифа. Дер ё зуд хоҳад рафт аммо зулми Шумо дар қалбҳои мардуми ин ноҳия то абад боқӣ хоҳад монд.
Дар охир аз роҳбари кишвар эҳтиромона хохиш менамоем, раиси ноҳияи Раштро, ки лоиқи ин вазифа нест, ҳарчи тезтар аз мақом барканораш кунед. Чунки истодани ин порахур бар зиёни давлат аст. Бовар дорам, рӯзҳои наздик ин Набиев Олимҷони дузду ғоратгар ва порагиру ришвахор аз вазифа барканор хоҳад шуду ба ин мақом шахси ба ин вазифа созгор хоҳад омад.
Сардори Раёсати молияи Рашт Баллазода Хурсанд Давлатёр ва муовини молия  Давлатов Суҳроб мебошпнд. Аз ҳама пул мегиранд. Боқимонда кормандони ин раёсат ҳамааш ҳаромхуранд.
Раиси нозироти андози ноҳияи Рашт бошад, Нуров Абдулло Қулмаҳмадович, ки таваллуди 1988,аз деҳаи Шул аст. Аз рӯзи омаданаш ба ин вазифа дар ҷони ҳамаи андозсупорандаҳо задааст. Андозсупоранда тариқи патент кор дорад. Маҷбураш месозад, ки тариқи шаҳодатнома гузар. Соҳибкор гуяд, ки шароит нест, намешавад, мегуяд маҳкам кун дуконатро. Ман туро маҷбур накардаам, ки фаъолияти соҳибкорӣ кунӣ.
Доруфурушиҳо-аптекаҳоро маҷбур кард, ки ҳар моҳ ана ҳаминқадар маблағи давлатро месупоред, мана ин қадар ҳақи маро, баъд фаъолият мекунед, набошад фаъолият карданатон намемонам.
Муовинони раиси Рашт инҳоанд:
Шарифов Ҳандулло муовини якуми раиси Рашт, ки номашро дар ду барнома пеш гирифта будед.
Муродов Бахтиёр,муовини раиси ноҳияи Рашт оиди корҳои идеологӣ аст.
Идибекзода Саидбек муовини раиси ноҳияи Рашт,ки  язнаи Балазода Хурсанд Давлатёр, сардори Раёсати молияи ноҳия мебошад.
Шоидов Раҳматулло муовини раиси ноҳияи Рашт оиди корҳои сохтмонӣ аст, ки аз дасташ коре барнамеояд.
Ин чор муовин лухтаканд. Дар назди раиси ноҳия озодона сухан гуфтан наметавонанд. Ин раиси нохия дар куҷое, як одами бесавод аст, ҳамаашро дар атрофи худаш ҷамъ кардааст. Дар куҷое як кадри босавод буду як чизро мефаҳмид, аз кор озод кардааст. Медонед барои чи? Барои онки одами босавод ҳадди ақал як бор метавонист бигуяд, ки ин корат хато аст. Ин бесаводҳо бошанд ҳарчи ин фиръавн гуяд, мегуянд, ту муҳтарам раис дуруст мегуӣ, ту одами бо саводӣ.

Рудакӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Хоҳиш мекунам, ки ин номаи як зани бешавҳарро пешкаши мардуми Чортеппаи ноҳияи Рудакӣ гардонед. Шикоятҳо бисёр бародар. Дар маҳаллаи Чортеппа Очамайли, станцияи Айнӣ, кучаи Кушониён гарадок мардони баномус кам мондааст. Ҳама мардони баномус ғарибу дарбадаранд.

Шикояти аввал дар маҳаллаҳои номбаршуда свет нест. Зиндагии мардум хеле бад аст. 3 фарзандам дар мактаби№ 64 ба номи Умари Хайём таҳсил доранд, аз таҳдиди ҳукуматиҳо то маорифу мактаб безор шудам. Як вақт дар бораи директори пешини ин мактаб барнома карда будед. Мусоев Раҳим ҳамааш дуруст буд.

Имрӯз дар мактабҳои Тоҷикистон мусобиқаи бесаводӣ, бемаданиятӣ, қанчиқӣ рафта истодааст. Дар вақти директори мактаб будани Яқубова Мақсуда буданаш хостам ба кор дароям. Чунки баъди мурдани шавҳарам зиндагӣ ба души ман афтод. 3 фарзанди мактабхон доштам. Рафтам ба мактаб. Гуфтанд маош 450 сомонӣ аст. Ин соли 2022 буд. Фикр кардам бо ин маош ман зиндагӣ карда наметавонам. Рост омадам бо шиносбозӣ дар арақзаводи Айнӣ кучаи Кушониён кор даромадам ва кор кардам. Ҳамагӣ 8 моҳ то 2000 сомонӣ маош гирифтам. Аммо пулам баракат надошт. Ба додарам занг зада хоҳиш кардам, ки ба ман дар Русия кор ёб, то зиндагиамро хуб кунам. Имрӯз мушкилии зиндагӣ маро ғарибу дарбадар дар шаҳри бегона кард.

Хулоса, дар мактаб аҳволи мактаббачаҳо хеле бад аст. Барои ин мактаб саводу дониш, хондан ва иштирок дар дарс муҳим нест, аҳамият надорад. Омузгорони ин мактаб ба сару либоси мактабӣ, сумкаи мактабӣ ва пулҳои гуфтаашонро дар вақташ супоридан аҳамият медиҳанд ва масъалаашон ҳаминҳо аст.

Дигар тоқатам тоқ шуд бародар. Ҳоло ман дар як кафеи   тоҷик  кор мекунам маошам 50 ҳазор рубл аст. Ба зур сарбанук мешавад. Моҳи октябр буд. Хона занг задам аҳвоил фарзандомро пурсидам. Фарзанди калониам духтар аст. Духтарам гуфт очаҷон ман дигар мактаб намеравам. Пурсидам барои чӣ намеравӣ? Мегуяд мактаб номаш мондааст, тамоман дарс намедиҳанд. Муаллимаҳо Саидова Зуҳра ва Сабурова Нигина руймоли маро аз сарам мекашанд. Мегуянд, ки Ғарм рафтӣ ё ба шавҳар баромадӣ баъд сатр мекунӣ. Дар мактаб ё руймолатро каш, гуфта маломат мекунанд. Дар синф медароянд мегуянд, ки намоз нахонед. Бачаамро гуфтаанд, ки масҷид наравед, ки амният шабурӯз кор карда истодааст, қапад тюрма мекунадатон.

Шарипов Субҳон устоди варзиш ва тайёрии ибтидоии ҳарбӣ мавзуи аниқ надорад. Ягон дарс намехонем, тубро медиҳад, рост майдони мактаб. 45 дақиқа гузашт, тубро мегирд, боз синфи дигар меравад. Хулоса, фарзандонамро тарбият кардам ҳамчун марди майдон, ки дар роҳи ҳақ бошанд. Гуфтам, ки тамоми корҳои омузгоронро навишта ба ман партоед. Аз болои онҳо кор карда истодаанд. Онҳо чанад маълумотро ба ман расониданд.

Аз ҷумла гуфтанд, ки муаллимҳо дар болои нархи китобҳо як сомонӣ барои кисаи худашон изофа мекунанд.

Боз як даромади завучҳои мактаб ин ки Юсуф гуфтанӣ шахс аз отдели Коммунизим дар вазифаи учаскавой- кор бо ноболиғон мебошад. Дар як моҳ то 5 маротиба мебиёяд. Синфхои 9,10,11-ро протокол мекунад. Мегуяд, ки падар ё модаратон пагоҳ ба кабинети ман мебиёянд. Ман барои аниқ кардани ин гап бо ҳамсояам дар тамос шудам. Гуфт, ки бале ин гап рост аст. Ин бадбахти Юсуф  кудак аст. Таваллудаш 1994  ё 1995. Як мошини опел- сидан дорад. Ин дугонаам гуфт: «ман ай руи телефони бачам 200 сомонӣ додам, халос шудам». Боз ин Юсуф мегуфтааст, ки муаллима Саидова шери нарай. Ҷаримаҳое, ки ман мекунам Саидова ҷамъ мекарду медод. Мо 50/50 мекардем. Ин аст ҳоли мактаб.

Боз ин Шарипов Субҳон буфети мактаб дар дасташ будаст. Дар вақти дарс ҳам ба хонандагоне ,ки аз буфеташ қарз доранд бо ҳақорату дашном мегуфтааст, ки «қарзи буфета биёр те, ки рута сиё мекунум».

Дар охир ба Саидова ва Сабурова гуфтаниам, ки шумо ранги ман  модаред, шумо ғарибиро надидаед, азобро надидаед, бас кунед зулматонро. Аллоҳ доност.  Се фарзандамро дар роҳи Аллоҳ бахшидам. Аз болои директор то охирон омузгоратон кор карда истодаам. Бо ҳамроҳи фарзандонам шармандагиҳоятонро мебарорам.  Хитоб ба Саидова! Ман дар бораи падарат аз давраи магазинчигиаш ва раиси маҳалла буданаш маълумот ҷамъоварӣ дорам. Ва низ дар бораи ҳолати имрузааш. Ман медонам, ки чи хел дуздиҳо кардагӣ аст. 60 адад заминро чи хел обу лой кард ва дар давраи савдогар буданаш мардумро чи хел фиреб мекард, ҳамаашро ҷамъ карда истодаам. Сайидова! Ё ҳаромхуриро бас мекунӣ ё аз мактаб меравӣ ё дар бораи оилатон як маълумоти коғазпеч мебарояд.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№100 появились сначала на ISLOH.net.

Буҷҷадуздони Тоҷикистон киҳоянд? Ба Раҳмонов ва оилаи вай чи робита доранд?
(бахши ҳафтум )

Тибқи ваъда, мо таҳқиқоти худро дар бораи дуздону порахорони давлатӣ, ки ҳамагӣ аз афроди наздики Пешво ва аъзои оилаи вай ҳастанд ва ё тиҷоратҳое доранд, ки сарпарастиашонро яке аз наздикон ва ё аъзои Оила бар уҳда дорад идома медиҳем. Ин бор дар бораи онҳое суҳбат мекунем, ки онҳоро мешавад буҷадуздон номид. Онҳо, ин буҷҷадуздон киҳоянд, дар зер хоҳед фаҳмид. Аммо гуфта бошем, ки ин нафарон як қисми хеле хурди буҷҷадуздонанд. Дар бораи нафарони дигари буҷҷадуздон дар навиштаҳои баъдӣ хоҳем гуфт.

Яке аз мавзуъҳои асосии ҷаласаҳои ҳукумати Тоҷикистон чи тавр пур кардани бюҷети давлат ва бо кадом роҳ иҷро намудани нақшаи андоз аст. Агар дар хазинаи давлат маблағ набошад, корҳои ягон соҳа пеш намеравад. Боварии комил дорем, ки бюҷети Тоҷикистонро на танҳо 100-120% иҷро кардан, балки ду ё се маротиба  зиёд намудан ва бе ягон мушкили  иҷро кардани ин нақшаҳо имконпазир аст.

Барои он ки нақшаҳо дар руи коғаз неву дар асл иҷро шавад, бояд раиси Кумитаи андоз Давлатзода Нусратулло корро аз худ ва аҳлу оилаи худ каме боинсофонатар шуруь намояд. На он ки ҳамаи кормандони андозро дар ба дари мардуми камбағал чуноне раиси ҲДТ Сайдҷаъфар Усмонзода гуфта буданд: ҳамчун сагҳои «овчаркаи немисӣ»  равон кунад. Хусусан мардуми оддӣ ва соҳибкорони майда ҳама аз кормандони андоз ба дод омадаанд. Раҳмонов ва дигарон ин ҳолатро хуб  медонанд. Лекин зулмро бо зулми дигар руйпуш карда мераванд: “шукрона кунед, ки дар ватан ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфт, шукрона кунед, ки сериву пурӣ ҳаст” гуфта ҳамаро аҳмақ кардаанд. Раҳмонов ва мақомоташ,ки худашон ва оилаҳояшон бо шумули қудаву андаашон серу пуранд аз ҳисоби дуздӣ ва ғорати ин миллат фикр мекунанд,ки ҳама мисли худашон ҳастанд.

Дар бораи Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз ва империяи иқтисодии вай мо дар гузашта матлабҳо чоп карда ва аз ҷумла навишта будем,ки «Нусратулло Давлатзода аз соли 2009 раиси Кумитаи андоз аст (то ин вақт муовини аввал буд) ва дар ҳукумати феълии Эмомалӣ Раҳмон дарозумртарин ба шумор меравад.”

Дар солҳои раёсати вай  низоми андозу андозбандии Тоҷикистон ба бадтарин система табдил ёфт ва ҳоло Тоҷикистон дар қатори 10-гонаи дорои бадтарин системаи андоз дар дунё мебошад. Сарбории андоз дар кишвари мо аз баландтаринҳо дар дунё буда, ҳаҷми маҷмуии андозҳо дар Тоҷикистон 67,3%-ро дар бар мегирад. Ин аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ, ки 39,6% мебошад бамаротиб зиёд мебошад. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки Тоҷикистон фақиртарин кишвари Шӯравии пешин мебошад.

Нусратулло Давлатзода, бо суистифода аз вазифааш тамоми фирмаҳои хурду бузурги фарзандону наздикони худро пурра аз андозҳо озод кардааст. Сухан аз озодӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукии аъзои оилаи пешво намеравад, гап дар бораи фарзандону наздикони раиси Кумитаи андоз аст. Мо, хуб огоҳем, ки мабодо дери шаб дар фикри «Оила» ояд, ки кадом  ширкатеро аз андоз озод кардан зарур, субҳи фардо парламенти Тоҷикистон аллакай ин ширкатро бо як овоз ва зери кафкубӣ аз андоз озод мекунад. Ақалан хотири шарманда накардани номи парламент ё номи вакили мардуми як маротиба бо соҳиби аслии ин ширкатҳои ниҳоят  «зарур ба иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон» вохурӣ ё даъват ба парламент намекунад. Фақат ширкату тиҷоратҳои ба «Оила» ва ба раиси Кумитаи андоз тааллуқдоштаро як маротиба анализ карда бубинем, ин худ як буҷаи дигари ҷумҳурӣ мешавад. Лекин сад афсус, ки пешво ҳамаашро медонаду хомӯш аст. Бовар кунед Раҳмонов нисбати мардуми Тоҷикистон ба дараҷае маълумоти дақиқ дорад, ки дар ин 30 сол кадом одам як мағозаи майда ё як сехча дорад, ӯ хабар дорад. Ин гувоҳ аст ки намемонад мардуми бегона ба «оила»-соҳиби пулу мол шаванд. Бо ҳар роҳи дуруғу парвандаҳои сохтаву бофта мардуми каме пулдорро мешиканад. Аммо аз ин кор боз мардуми оддӣ ва буҷети мамлакат зарар мебинад.

«Албатта, ҳамаи кормандони андоз ва гумрук фасодзадаву ноинсоф нестанд. Байни онҳо нафароне, ки ба миллату давлат дилсузанд низ бисёранд, ки ба нашри дурусти мақола кумакҳои зиёде кардаанд ва аз ин хиёнату ноадолатиҳое, ки аз тарафи сардорҳояшон мешавад бисёр нороҳатанд. Лекин ҷойи шикоят кардан надоранд. Барои он ки ҳамаи роҳбарияти гумрук  аз сардорони дидбонгоҳҳои асосӣ, сардорони шуъбаҳо, сардорони  раёсатҳо, ҷонишинони раиси кумита, хешу таборӣ ба Оила, ё ин ки ба ягон қудову  вазирон пайвандӣ доранд, аз ин хотир ягон  гумрукчии ба ин гуруҳ тааллуқнадошта бошад, ё соҳибкоре, ки ба ин одамҳо ҳамкорӣ намекунад ӯ дур  намеравад. Худатон нигоҳ кунед ба ин нафарони гумрукчӣ ва хулоса бароред аз пушти кадоме аз инхо арз карда метавонем  ва ба куҷо?»

Ислом Ҳурматзода ё генерал -майори  Муовини Сардори Хадамоти гумрук-Ҳурматзода Иззатулло Зариф (номи ҳуҷҷатияшчунин аст)   домоди «Оила» (шавҳари духтари Нуриддини тракторист), даҳҳо мағозаву корхонаҳо, хонаву ҳавлиҳо дар Москову Киев, Дубай ва дигар ҷойҳо дорад, ки ба иҷора додааст. Гуруҳи муташаккили ҷиноятии худро дар дохили гумрук сохтааст, ки ҳамаи соҳибкорону воридкунандагони мол ба ин гуруҳ ҳатман бояд маблағи муайянро бидиҳанд, нисбати дидбонгоҳҳои сарҳади Афғонистону Хитой ба чи корҳо машғул аст, оянда ҳатман менависем.(Дар бораи Ислом Ҳурматзода, яке аз дустони наздики Фаттоҳи Саид як матлаби муфассал дар ҳоли омода шудан аст)

Хуршед Сафаров — муовини раиси кумита — писари ҷураи пешво Шералӣ Сафаров аст. Хуршед ва бахши зери назорати вай ва инки дар як моҳ даромади ӯ чанд миллион доллар мешавадро дар шумораҳои баъдӣ хоҳем навишт.

Абдураҳмон Раҳимов — сардори раёсати қочоқ, ҳоло ҷонишини Агентии мубориза бо қочоқи маводди мухаддир, қудаи апаи президент, додари Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ. Дар давраи кориаш дар гумрук на кам аз 40 -50 млн доллари бюҷетро азони худ кард ва боз бо пагони генералӣ ба вазифаи болотар рафт. Дар ҳақиқат Агентии наркотика ҷойи уст. Барои он ки  дар давраи кориаш дар вилояти Суғд, то охирон нашъафурӯшро зери назорати худ гирифта, бо маълумоти аниқ  то ҳозир аз онҳо  «доля» мегирад. Мо Абдураҳмонро аз лейтенантиаш мешиносем ва ҳамаи алоқаҳои пулкоркуниашро медонем. Мо, нисбати ҳамаи ин миллионерҳое, ки бо пулҳои бюҷет ва қочоқ молу мулк ҷамъ мекунанд, албатта филмҳои мудаллал дуруст мекунему тақдим менамоем.

Сардори раёсати Суғд Зафар Муҳаммадиев — додари Қодири (Качалаев) шофёри президент. Ин одам ягон савод ҳам надорад, кору бораш пул ҷамъ кардан ва кайф (героин) задан аст. Аммо ғанӣ гаштани бюҷет аз ҳамин барин кадрҳо вобастагии зиёде  дорад.

Давлатов Азиз — сардори раёсати гумруки шаҳри Душанбе, ҳоло дар кумита, писари Давлатов Нусратулло,  раиси Кумитаи андоз аст.Ин ҳам мисли падари худ дар як шабонаруз 23 соат ғами кисаи худро мехурад, на бюҷети кишварро.

Давлатов Далер сардори дидбонгоҳ. Гапи вазирро дар як сомонӣ намегирад. Ин додараруси Рустами Эмомалӣ, сардори шуъба дар стансияи Душанбе-1 аст.Дар мавриди Давлатов Далер хело маълумотҳои ҷолибе расидааст,ки ҳар шаҳрванд вақте мебинад онро комилан вуҷудаш оташ мегирад, агар виҷдону номус ва шараф дошта бошад. Аммо ӯ хусурбачаи Рустам аст дигар.

«Раҳмонов Фазлиддин, ҷияни  президент. Ба ин одам қонун тамоман вуҷуд ҳам надорад. Мумкин мехоҳад қонунҳоро омӯзад ва ҳамчун роҳбари босавод ҳарф занад. Лекин мушкили дар он аст, ки бечора хондаву навиштан наметавонад. Барои хешу табори пешво савод  доштан шарт ҳам нест.»

Давлатов Ҷамшед – гумрукчӣ, собиқ ронандаи акаи пешво Нуриддин. Дертар ронандаи Ислом Ҳурматзода. Аввали сол як мошинро ҳуҷҷатгузорӣ намуда муҳри гумрукии худро ҳамчун аз «рентгенг» гузашт зада ба Русия равон карда буд. Он мошинро дар сарҳади Узбекистону  Тоҷикистон  дар дидбонгоҳи «Ойбек» вақти азназаргузаронӣ бо 300 кг героин дастгир намуданд. Ҳатман яке аз ҷавобгарони асосӣ бояд гумрукчӣ- «оформител» бошад. Лекин ҷазоро кӣ гирифт? 5-6 гумрукчии бегуноҳи ҳамон рӯз дар сменаи кори дидбонгоҳи Фотехобод буда ва парванда нисбати онҳо оғоз карданд. Ҳол он ки Ҷамшед Давлатов то аз сарҳади Тоҷикистон  гузаштани мошин худ назорат карда ба гумрукчиҳои назди сарҳадӣ зангҳо задааст, ки машинаро даст нагиранду кордораш нашаванд ва ӯ медонад ин мошинро. (Нисбати ин ҳодиса мо васеътар нақл мекунем, аз куҷо бор кард ва боз кадом нафарон аз оила қуш ҳастанд).

Дар ютуб ҳам видеои ин ҳодиса аз тарафи кумитаи гумруки Узбекистан  монда шудааст, метавонед тамошо кунед онро. Ҳамаи ин ҳолатҳо ва ин нафарони дар боло зикр шуда ба Каримов Ҳошим-и наркобитоик алоқамандӣ ва ҳамкорӣ доранд. Ин мисолҳои мо як фоизи ҷиноятҳои содир карда истодаи як гуруҳи гумрукчиҳои дар «боло» пуштибондошта нестанд.

Даҳҳо хешу табори оилаи президент ва хешу табори вазирону раисону дигарон ҳастанд, ки  дар якчанд солҳои охир  наздик  ба 400-500 миллион доллари бюҷети давлатро аз они худ карданд. Масалан, фақат даромадани мошини аз Хитой омада ба терминали Душанбе, бояд ҳатман ба сардори дидбонгоҳ Давлатов Далер 3000$  ва ба инспекторони дохили дидбонгох 700$ пора бидиҳад. Пардохти ин «такса»  ҳатмист ва ҳеҷ кас ҳуқуқи надоданро надорад. Рузе аз 30 то70 мошин бори соҳибкорон ба терминал  медарояд. Пеш аз ҳар як идҳое, ки Тоҷикистон дорад, боз ҳатман ҳар як соҳибкор бояд идпулӣ ба Далер Давлатов оварда ба гуфтаи худаш «хабар» бигирад, вагарна аз чанголаш ғайр аз пешво туро ҳеҷ кас халос намекунад. Ин қонунҳои қабул кардаи хусурбачаи Рустами Эмомалӣ аст. Худатон фикр кунед, як кудаки бесавод фақат рӯзе ана ҳамин қадар даромад дорад. Шумо хуб мефаҳмед, ки ӯ ин маблағро ба ягон вазиру раис  намедиҳад. Мо дар бораи Зафар, Абдураҳмон Раҳимов, Фазлиддину Азизу Ҳурматзода ҳоло суханро оғоз накардаем. Ҳаҷми доляву ҳақи онҳо мувофиқи погонҳояшон боз якчанд маротиба аз ҳаҷми  «доля»-и Далер болотару нафсҳояшон бадтар аст. Акнун фикр кунед, ки бо ин одамон бюҷети давлатро иҷро карда мешавад ё ин ки аз болояшон ба ягон прокурору суд муроҷиат карда метавонӣ? Албатта не!!  Онҷо ҳам ҳамин тавр бародарони ин одамҳо ё хешу табори онҳо сари вазифа нишастаанд. Мо, ҳатман то охирон пулҳои ҷамъкардаашонро дар мақолаҳо менависем, то ин ки халқ фаҳмад, ки мардум чи гуна бо як азобу шиканҷа як пора нон меёбад, инҳо бошанд Тоҷикистонро ба як корхонаи бизнеси аз падар мерос монда табдил додаанд.

Ps: Ёдатон бошад вақте, ки Раҳмонов Шаҳбоз Раҷабзода,сардори терминали №1-и Гумрук дар Душанберо дар як ҷаласа- 10 майи соли 2019 дар мулоқот бо намояндагони соҳаҳои бонку молия ва гумруку андоз ва таҳқиромез аз кор сур кард чи гуфта буд? Гуфта буд, ки «Кадри ҷавон гуноҳат аз муйи сарат зиёд аст. Чи ту боз аз осмон чакидаӣ? қонун барои кӣ аст? гуноҳ надорӣ, камбуди надорӣ? Ҳамиқадаре, ки ҷавонӣ набоша кунҷи турмара мегирӣ, накам аз 15 сол. Пулҳои хориҷа баровардагита мегардонӣ. Аз куҷо даромади буҷет мешавад бад, садҳо миллион, садҳо миллиард рафта истодааст, мегуйед буҷет иҷро намешавад».

Аммо чизеаш нашуд. Фикр мекунед, ки бо Далер Давлатови додарарӯси Рустами Эмомалӣ ва ё Ислом Ҳурматзодаи домоди акаи Эмомалӣ Раҳмонов, ки садҳо ҳазор доллари бюҷетро дар ҳафта медузданд, чизе мешавад? Дар мавриди раиси кумитаи гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон тамоман гап нест. Ҷиноятҳои коррупсионии ӯ ба мо расидаанд,ки шаклу шевои аҷиб ва маҳорати олӣ доштааст дар порагирӣ. Ҳатман онҳоро низ тақдиматон хоҳем кард.

Поёни вижаматолиби ҳафтум, ин шо Аллоҳ агар имкони таҳқиқи ин коррупсионерҳо ва буҷа дуздон шуд вижаҳои дигарро ҳам тақдиматон хоҳем кард. Шикоятҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ” хело зиёданд бояд ба шикоятҳои онҳо низ диққати ҷиддӣ диҳему дарду ранҷи онҳоро ҳам нашр намоем. Чун,ки ҳар маълумоте мерасад онро мо месанҷему сипас тақдим менамоем. Ислоҳ , то имрӯз зери дикта ва фармоне матолибу навор нашр накардааст ва дар оянда ҳам нахоҳем кард. Ҳадафи мо мубориза бар зидди коррупсия, ҷиноятҳои муташаккили ҷиноятии мақомот ва оилаи бе сару нуги “пешво” аст. Талоши мо ба хотири ислоҳи вазъ ва сохтани як давлати озоду арҷгузорандаи ормонҳои миллӣ буд ва ҳаст!

Сообщение Буҷҷадуздони Тоҷикистон киҳоянд? Ба Раҳмонов ва оилаи вай чи робита доранд? появились сначала на ISLOH.net.

Қиморхонаҳои Тоҷикистон зери ҳимояти кӣ? Рустам ё Ген-прокурор ва ё раиси Андоз? Ё ҳарсе?
(бахши аввал)

Қиморхонаҳои Тоҷикистон ва шакли корашон

Мо, кормандони яке аз мақомоти интизомӣ мебошем. Аммо ин кадом мақомот аст гап намезанем, сабабашро шумо медонед. Бо шумо як масъаларо ба миён мегузорем. Зер, агарчи роҳбарони мо ба рӯ намеоваранд, аммо мо медонем, ки навиштаҳои шумо, матолиби мунташира дар «Ислоҳ.нет» ҳатман пайгирӣ ва таҳқиқ мешавад. Дар оянда мисолҳову намунаҳоро дар ин бора, ки ба маҳзи нашри матолиби шумо бархе тасмимҳо гирифта шуд, пешкаш менамоем. Аммо ҳоло….

Дар Тоҷикистон, яке аз соҳаҳои пурдаромади тиҷорат ин бизнеси «бозӣ» мебошад. Яъне идораҳои букмекерӣ, лотереяҳои коғазӣ ва электронӣ ва бозии лото.

Мо ва роҳбарият ҳаракат карда истодаем, ки ин соҳаро ба танзим дарорем. Лекин ҳастанд шахсоне, ки барои онҳо қонун ва қонунгузории Тоҷикистон дахл надорад ва аз ин корҳои мо ҷилавгирӣ мекунанд. Ҳангоми санҷиши ин корхонаҳо, ки бо бизнеси бозӣ машғуланд, маълум шуд, ки санади фаъолият-иҷозатнома доранд. Аммо шахсоне ҳастанд, ки ягон ҳуҷҷати иҷозати фаъолият надоранд. Ҳангоми аз тарафи мо талаб намудани ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ, онҳо бо мо дағалона рафтор карда мегуянд, ба мо фарқ надорад, мо одам дорем дар мақомоти қудратӣ ё мегуянд, ки хешу табори роҳбари давлат мебошанд. Баъд аз он ба мо аз ҳамаи мақомоти қудратӣ занг мезананд ва мегуянд, ки ин одамҳо ё ширкатҳо дар тахти назорати мо ва ҳуҷҷатҳояшон дар дасти мо аст. Аммо мо медонем, ягон санади иҷозатномадиҳӣ надоранд ва онҳо танҳо «кришават» мекунанду халос.

Мо ба мақомоти қудратӣ (ВКД, прокуратура) муроҷиат кардем, ки чанд ширкат ва нафароне ҳастанд, ки ғайриқонунӣ фаъолияти худро бурда истодаанд. То ҳол аз мақомоти қудратӣ ҷавоб нест ё ин ки ҷавобашон ин аст ки «мо дида баромада истодаем», вале ин ширкатҳо ва нафарон фаъолияти ғайриқонунии худро давом дода истодаанд.

Ба буҷаи давлат ягон намуди андоз намесупоранд, аммо ҳатмани ҳатман кормандони андоз ҳаққи худашонро мегиранд ва чашмҳояшонро мепушанд ва албатта, мақомоти қудратӣ ҳам ҳаққи худашонро мегиранд.

Шахсоне, ки бо ин намуди  фаъолияти ғайриқонунӣ (қимор) машғуланд:

Сафаров Беҳруз Ҷаннатуллоевич нафаре, ки ташкилкунандаи тамоми қиморхонаҳо мебошад. Вай линияҳоро ба дигарон тақсим мекунад. Бо Беҳруз Бахтиёр, Азамат, Саидаҳмад, Саттор, Хусрав,Ҷамшеди ванҷӣ (Масхад ҳам мегуянд) кор мекунанд. Ҳамаи мабғҳое, ки аз ин фаъолияти ғайриқонунӣ ба даст меоранд, куҷо сарф мешавад, ҳеҷ кас намедонад (мумкин ба терроризм, силоҳ ё маводҳои нашъадор).Беҳруз дар ҳар куҷо аз номи раиси давлат ва хешу таборони вай гап мезанад ва мегуяд, ки ягон кас бо ман ҳеҷ кор карда наметавонад. Мегуяд,к и ман ду сол зиёд шуд, ки кор карда истодаам:-«дидӣ, менависен ҳамаи мақомотҳода, ҳамаш ай худумоай, ҳеҷ кор карда наметонен».

Нуқтаҳои қиморхонаҳояш:

дар шаҳри Душанбе:

кучаи Айни 269 (дар таҳхона); роҳбар Сафаров Беҳруз Ҷаннатуллоевич

кучаи Айни 84 пеши қаҳвахонаи Тахтача; роҳбар Сафаров Беҳруз Ҷаннатуллоевич

шаҳри Норак: бозори маркаӣ дар ошёнаи -2 роҳбар Сафаров Беҳруз Ҷаннатуллоевич

шаҳри Турсунзода: ру ба руи Автовокзал, роҳбар Сафаров Беҳруз Ҷаннатуллоевич

Вилояти Суғд:

Истаравшан: рӯ ба рӯйи  бозори марказӣ, роҳбар Сафаров Беҳруз Ҷаннатуллоевич

Шаҳри Хуҷанд: пушти бозори Панҷшанбе (телефонбозор) роҳбар Сафаров Беҳруз Ҷаннатуллоевич

Нуқтаи қиморхонаи Саидаҳмад: бозори Панҷшер дар таҳхона

Нуқтаи қиморхонаи Саттор:  бозори Ганҷина дар таҳхона

Нуқтаи қиморхонаи Ҷамшед: рӯ ба рӯйи бозори Деҳқон (Гипрозем).

Нуқтаи қиморхонаи Хусрав: шаҳри Бохтар, назди бозори марказӣ (назди бинои ЗАГС)

Шахсе бо номи Муҳиддин роҳбари ҶДММ «Равшан ТҶ» мебошад. Ин ширкат қиморхонаи ғайриқонунӣ дорад. Вай «ҳақ»-и ҳамаи мақомотро медиҳад. Муҳиддин мегуяд, ки «ма таға дорум дар Прокуратураи генералӣ, ягон кас ҳеҷ кор карда наметавонад».

«Боиси таассуф аст ки дар ин авохир қиморхонаҳо дар шаҳр  мисли замбуруғи баъди борон пайдо шуда истодаанд. Аммо ҳеҷ кас ва ҳеҷ ниҳоде ҳеҷ чиз намегуяд. Чуноне тазаккур додем сервер ва паҳнкунанда Беҳруз мебошад. Дигарон бо фоиз аз фоида линия мегиранд. Агар фоида дар як руз 1000 сомонӣ бошад фоизи Беҳруз  500 сомонӣ аст. Яъне линияашро 50 бо 50 медиҳад. Ин бозии «игровой автомат» аст. Мақомот рафта сервер дар куҷо мебошад гуфта пурсад, ҳеҷ кас намедонад. Барои он ки бозии автомат худсохт мебошад. Пулт дар дасти роҳбар – Сафаров Беҳруз Ҷаннатуллоевич мебошад.»

Ба гурӯҳ ягон мақомот иҷозати фаъолия надодааст ва намедиҳад, барои он ки медонанд, ки инҷо чи намуди фиребу найранг аст. Вазорати молия муҷаввиз- литсензия надодааст. Дар худи Гипроземи ноҳияи Фирдавсӣ дар назди бозори Деҳқон 5 нуқтаи ин бозӣ,24 соат шабу рӯз кор мекунад. Савдогарон ва махсусан яклухтфурӯшон, ки картошка, пиёз, карам, сабзӣ ё помидору бодринг, себу нок, харбузу тарбуз бо мошини боркаш ё мошини худ меоранду дар бозор мефрӯшанд шабона пулро гирифта рост ба қиморхона мераванд ва то субҳи саҳар бозӣ мекунанд. Ин бечораи асосан «қишлоқиҳо» аз он қиморхона бепул ва муфлис шуда берун мешаванд. Кутоҳи гап дар хонаҳояшон хонаводаҳояшон интизори пули заҳмати кашида ва пули фурӯши маҳсулоти деҳқонияшон ҳастанд. Аммо бо дасти холӣ ба хона бар мегардаду ба ҳасзорҳо мушкили дигар гирифтор мегардад. Чун,ки ҳама умеди хонавода ба ана ҳамин пул буд.

Ду соли пеш як нуқтаи қиморхонаи Душанберо дошта ва дар тамоми шабакаҳо нишон доданд, ки бубинед қаллобҳо халқро чи тавр фиреб медиҳанд. Агарчи онҳо (бачаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот) ҳама андозҳоро саривақт месупориданд ва расман амал мекарданд. Онҳоро бурданду паси панҷара карданд. Аммо худашон ин корро давом дода истодаанд. Дар он вақт дар онҷо як нуқта буд ҳозир бошад айнан дар ҳамонҷо панҷ нуқта кор карда истодааст. Яъне ин ҶДММ «Инвест -Лото» дар Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ дар Гипрозем амал мекард. Прокуратураи Душанбе ва раёсати кофтукоби Вазорати корҳои дохила дар як амалиёт як миллион сомонӣ аз хазинашон мусодира кард. Он вақт дар он ҷо як  қиморхона амал мекард. Ҳоло, чуноне гуфтем дар худи ҳамон ҷо  панҷ қиморхона амал мекунад. Мардуми гирду атроф ба дод омадааст аз онҳо. Куҷо раван ба кӣ муроҷиат кунанд, намедонанд. Кадом ҷое, ки мераванд ариза мекунанд 2 ё 3 рӯз маҳкам мешаванд вале боз дарашонро кушода кор мекунанд. Мақому мақомоте пайдо нашуд, ки ин даъвои ин мардумро бифаҳмад ва ёрдам диҳад.

Сафаров Беҳруз Ҷаннатуллоевич ба унвони сардори гуруҳ дастур медодааст, кадом ҷавондухтаре, ки ба кор медарояд ё қабул мекунед бояд бо вай аз наздик ҳамсуҳбат шавад. Агар духтар ё зан ба Сафаров Беҳруз Ҷаннатуллоевич писанд ояд бояд бо роҳбар, яъне Беҳруз ҳамхобагӣ кунад. Агар накунад гуё аз имтиҳон нагузашт. Ё ҳоло ҷои холӣ набудааст, ҷои холӣ шавад, мо бо шумо тариқи телефон пайваст мешавем, гуфта ҷавоб медиҳанд. Вале агар агар хамхобагӣ кунад пагоҳи ҳамон рӯз корро шурӯъ мекунад. Дар корхона бо коргарон шартнома намекунанд. Барои он ки коргар ягонҷо даъво карда натавонад. Ва агар даъво кунад ҳам мо ин шахсро намешиносем мегуянду мераванд.

Сафаров Беҳруз Ҷанатуллоевич бо Бахтиёр ва Азамат як команда мебошанд.

Номгуи бозиҳои қиморӣ:

1 Хуҷа Насриддин

2 Сантехник

3 Мурчахо

4 Танкадром

5 Тубчаҳо

6 Аспаки Кузапушт

7 Китоби Миср

8 Маймун

9 Капитан Наҳанг

10 Фрукти я  не Мева -Клубника

11 Resident

Ин бозиҳои машҳуранд, ки мардум ҳамаи пулашонро ба ин намуди бозиҳо сарф мекунанд. Ба ин намуди бозиҳо вазорати молия литсензия  тамоман намедиҳад.

Муҳиддин бо Хусрав дар як команда мебошанд.

Нуқтаҳои қиморхонаҳояш дар шаҳри Душанбе:

бозори Ганҷина «Равшан ТҶ» дар таҳхона,

бозори Деҳқон,Гипрозем, маркази савдои бинои Оксфорд

бозори Деҳқон Гипрозем, маркази савдои бинои Дарвоз

шаҳри Турсунзода,назди бозори марказӣ «Равшан ТҶ»

шаҳри Турсунзода,кучаи 5-мкр Колсевой дар таҳхона «Равшан ТҶ»

шаҳри Турсунзода,кучаи Чашма «Равшан ТҶ»

шаҳри Хуҷанд, пушти бозори Панҷшанбе (телефон бозор) «Равшан ТҶ»

Муҳиддин дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 25 қиморхона дорад.

Ҷамшеди ванҷӣ (Масхад ҳам  мегуянд) худаш кор мекунад.

Нуқтаҳои қиморхонаи Хусрав дар шаҳри Бохтар аст. Назди бозори марказӣ-назди ЗАГС 2-нуқта дорад.

Хусрав ба кадом мақомоте меравад бо ду калима гап ҷавобаш медиҳанд, то сардори милитсия аз фаъолияти ин казиноҳо, ки дар маркази шаҳри Бохтар кор мекунанд, хабар дорад. Сардори милитсия мегуяд, ки «аз дасти ман ин нуқтаҳоро маҳкам кардан намеояд, наметонам маҳкам карда. Як рӯзе аз рӯзҳо мо онҷо будем, даромадему пурсидем: шаҳодатнома, иқтибос ва андозро. Ҳеҷ кас ҳеҷ чиз пешниҳод накард. Баромадему аз рӯи қонун дари даромадгоҳро муҳр задем. Дере нагузашта сардори милитсия омаду гуфт сар ба сар нашавед. Муҳри задагии моро канду тарафи коргарони қиморхона гуфт, ки корро давом диҳед.Т арафи мо нигоҳ карду « равен аз паси кори худ шавен, дига кор надорен» гуфт. Мо дар ҷавоб гуфтем: «охи инҳо на ҳуҷҷат доранд,на андоз месупоранд,ҳатто экспертизаи криминалӣ иҷозати ҳамин намуди бозиро надодааст, ғайриқонунӣ кор мекунанд.”  Аммо сардори милитсия чизе нагуфта ба мошини худ савор шуду рафт,то ҳол ин қомирхона кор карда истодааст.

Ҷамшед, рӯ ба рӯйи бозори Деҳқон (Гипрозем) як қиморхона дорад. Боз дар назди меҳмонхонаи «Ориён»,пушти истгоҳ.

Нуқтаҳои қиморхонаҳои Саидаҳмад, бозори Панҷшер дар таҳхона аст.

Нуқтаҳои қиморхонаҳои Саттор, дар бозори Ганҷина дар таҳхона  воқеъ аст.

«Боз як сардори фиребгару найрангбози тиҷорати қиморхонаҳо дар ш. Хуҷанд Тоирзод  Зоир Зокир, соли таввалуд 1982 ва ҷои истиқоматаш Пролетарский 106 мебошад. Лотореяи ғайриқонунӣ ташкил карда ба мардум хона ва мошин ваъда мекунад, аммо дар асл ин хонаву мошин нест. Мардум бовари карда лотереяро харидорӣ мекунанд. Лотереяи телевизиониро ҳам роҳбараш Тоирзод  Зоир Зокир мебошад, ки таввасути тедевизиони Суғд ва бо барандагии Муқим Абдуфаттоев мардумро ҷалб намуда ба харидории лотереяи қалбакӣ (қимор) даъват мекунад.»

Тоирзод  Зоир Зокир боз роҳбари диско клуби Операи шаҳри Хуҷанд ҳам мебошад. Аммо айни замон Тоирзод  Зоир Зокир  дар ҷустуҷӯи мақомот қарор дорад. Аммо ҳайратовар ин аст ки  Тоирзод  Зоир Зокир дар ҷустуҷуи мақомот ҳам бошад кораш дар Тоҷикистон пеш рафта истодааст. Шогирдонаш ҳар ҳафта пулро ҷамъ ва ба роҳбарашон Тоирзод  Зоир Зокир «перевод» мекунанд «Шеф» бошад дар давлатҳои хориҷа кайфу сафо карда гаштааст.

Дар дасти мо бастаи калони маълумотҳо аз ин қиморхонаҳо дар ҳама вилоятҳо ва навоҳии кишвар вуҷуд дорад. Гурӯҳе рӯйи ин қиморхонаҳо кор кардаанд,ки аз худи мақомотанд вақте диданд ҳеҷ роҳи дигаре нест комилан ҳама “разработка” ҳояшонро ба “Ислоҳ” фиристодаанд, то нашр намоем ва шояд ба гуши кари болоҳо расад. Мо ҳам тавонистем то ин миқдоре тақдим менамоем таҳқиқ намоем ва пас аз он нашраш намоем. Тимҳои «Ислоҳ» ба ҳама суроғаҳое навишта буданд рафтанду навор гирифтанд ва фиристоданд.Бовар кунед хело маълумотҳои зиёде инҷо вуҷуд дорад, ки рӯйяшон бояд ҷиддӣ кор кунем. Аз таҳқиқоти аввалия чунин бар меояд, ки сарпарасти ин қиморхонаҳо Рустами Эмомалӣ, Юсуф Раҳмон бо Нусратулло Давлатзода мебошанд. Албатта бо шаклҳои гуногӯни сарпарастӣ ва ҳимояти онҳо дар фаолиятҳояшон бар ало дида мешавад. Ислоҳ ин масаларо дар мадди назари худ қарор медиҳад ва пас аз таҳқиқот бахшҳои дигарро тақдиматон менмоем. Ба гуфти «пешво» ин аз нуги хамир фатир аст. Ё қатрае аз баҳри ҷиноёти мақомоти баландпоя дар ин амали нангин ва хонасалоткунандаи ҷавонон ва пошдиҳандаи хонаводаҳо дар кишвар мебошад.

Поёни бахши аввал, давом дорад бо Ислоҳ бошед!

Сообщение Қиморхонаҳои Тоҷикистон зери ҳимояти кӣ? Рустам ё Ген-прокурор ва ё раиси Андоз?  Ё ҳарсе? появились сначала на ISLOH.net.

Ҳошим Каримови «НАРКОБИОТИК «-ро“крышаҳо”яш кидат карданд
(бахши дуввум)

Хонандаи муҳтарами «Ислоҳ», чуноне ваъда карда будем, тадқиқоти худро нисбати ҷиноятҳои Ҳошим Каримов ва пуштибонҳояш давом медиҳем. Баъд аз нашри мақолаи аввал аз тарафи хонандагон, ҷабрдидагон ва ҳақиқатҷуён факту далелҳои нав ба дасти мо омада расид, ки баъзе аз онҳоро дар ин навишта ва боқимонда далелҳоро бори дигар санҷида дар матолиби оянда чоп хоҳем кард. Каримов Ҳошим баъд аз чоп ва пахши видеои барнома худро ба ҳар су то ҳоло  зада истодааст. Боз такрор шавад ҳам мегуем, бовар кунед мақсади асосии навиштани ин мақолаҳо, дар он нест, ки бизнеси вай ба касе лозим шудааст, чуноне, ки худаш фақат дар ин фикр мебошад, ё ин ки ба ӯ бахиливу ҳасудхурӣ мекарда бошад. Не. Мақсад фақат як чиз, дар инсоният каме бояд инсоф, виҷдон бошад, боз ҳоҷӣ ҳам ҳаст. Ба хотири пул шуда, имонро нафурӯхтан ва хиёнат ба мардуми ҷабрдидаи худ  накардан аст. Аз тарафи мо каме ҳушёр намудан, аст ки мардум ҳамаи корҳоро мефаҳмад, фикр накунед, ки шумо аз ҳама доно!

Каримов Ҳошим ба гуфтаи наздиконаш рӯзҳои аввал сахт ба умед буд, ки Ашраф Гулов бо Парвина ба ӯ дасти ёрӣ мерасонанду аз ин вазъияти ногувор тез мебарояд. Вақте ки ба Ашраф Гулов телефон карда кумак хост, гуё ӯ гуфта бошад, ки «ман масъаларо равшантар карда баъд ба ту занг мезанам, илтимос ту ба ман занг назан, мумкин аст телефонҳои туро алакай гуш карда истодаанд». Ҳошим 3-4 руз телефонро аз гуши худ дур накарда интизор шуд, вале аз мурда садо ҳасту аз «кришаҳо» не. Ҳошими содда, ки дар ин хел вазъият бори аввал афтида буд, тамоман худашро гум кард, ки ин чи тавр шуд. Ӯ доимо фикр мекард,  ки бо як телефони онҳо ҳама кор ҳал мешавад ва ҳатто аз ӯ кормандони  «Ислоҳ» ҳам бахшиш мепурсанд. Афсус, ки вазъият бадтар шуду беҳтар не. Боз видео ба мисли як филми Голливудӣ  пахш гардид, ба гуфтаи худаш «кршаҳо» тамоман шикоф  будааст. Чунки баъд аз пахши барнома ҳама якбора руй гардониданд. Ҳаёт нишон дод, касоне, ки бо ҳамроҳии  «оила» кор мекунанд, ё ин ки ҳамчун кришаи худ онҳоро маҷбурӣ ба худ қабул намудаанд, хуб медонанд, ки домодону духтарҳои президент, хусурбачаву бодигардҳояш ва баъдан вазиру раисонаш  «крышаи» боқуввати шумо, то он даме, ки шумо проблемаатонро худатон ҳал мекунед, ё ин ки  надоред  ва дар вақт-вақташ «доля»-ро оварда медиҳед, вақте ки майдатарин проблема пайдо шавад, ҳатман  барои ҳалли  масъала  «доля» якчанд маротиба зиёд мешавад, агар проблема махсусан ба «боло» вобастагӣ дошта бошад, кришахо тамоман худашонро аз шумо дур мегиранд, ба телефонҳо дигар намеёбед, қабул ҳам намекунанд, мабодо  мушкилии ба миён омадаро шумо худатон бо пулҳои калон (бе ин намешавад) ҳал намоед, шарм накарда боз ба шумо мегуянд, ки инро мо ҳал кардем, агар проблема ҳал нашавад, “крышаҳои оила» як гапи хуб доранд, «мо огоҳ карда будем, ӯ охирон вақтҳо аз худ рафта буд, нисбаташ гап зиёд буд, ё пулаш ҳам  зиёд шуда буд, « бо ана ҳамин суханҳо ҷони худашонро халос намуда,бо як  ноҷавонмардӣ  худро таскин медиҳанд. Боз дар охир шумо  миннатдор мешавед, ки ҳамаи амволамро гирифтанду 10-15 сол суд карданд, «агане  агар Ака намебуд, боз зиёдтар ҳам суд мекарданд». Ин қазия бояд дарсу омӯзаи хубе барои онҳое аст,ки ҷор мезананд “Крыша”и ма домоди пешво ё духтари ӯст! Хуб диққат диҳед қабл аз он,ки ҳамсарнавишти Ҳошим Каримов ва амсоли ӯ нашавед!

Ногуфта намонад, мабодо худи президент  мушкили шуморо фаҳмад ба ҳама китобҳои муқаддас қасам мехурад, ки шуморо намешиносад ё ҳамроҳи ягон кас як маротиба дидаанд. Бо ана ҳамин хел «крышагари» мардумро 30 сол шуд аҳмақ карда гашта истодаанд. Бадии кор дар он аст, ки ҳамаи ҳамин крышагариҳоро мардум бо чашмони худ  дида истода, боз дар навбат истодаанд, ки моро ҳам ҳамин тавр пуштибонӣ намоед. Ин гапҳои моро ҳама бо дил тасдиқ мекунад, агар бо забон гуфтан хатарнок ҳам бошад.  Бовари 100% дорам аз ҳамаи ин нағмаҳои атрофиёнаш, пуштибониҳо, ғасб кардани бизнесҳо, ноодилона кашокашу туҳматҳо пешво хабардор аст. Номумкин аст, ки дар як ҷумҳурии майда, бо ин қадар хешу табори зиёд, бо ин қадар органҳои қудратӣ, бо ин қадар хабаркашҳо, пешво бехабар бошад. Пешво мардуми аз синни 15-16 сола болоро мумкин аст ном ба ном, ё ин ки ақалан фарзанди кӣ буданашро донад, шубҳа надорем, барои он ки ӯ кори дигар хам надорад.

«Ҳошим Каримов бояд аз ҷурааш Азизулло Абдуллоев ибрат мегирифт. Ӯ ҳам то охир ва ҳатто баъди дастгир шудан 30 сол ҳукм гирифтан то ҳол дар он фикр аст,ки акаи Зоир Соҳибоваш хабар надорад. Барои он ки ҳамаи ҷумҳурӣ медонад, ки пуштибони Азизи домсоз ин Зоир Соҳибови домоди пешво буд. Вай баъд аз 10-15 сол мефаҳмад, ки «крыша» худаш ӯро супоридааст. Шояд дар маҷлиси оилавӣ ба хулосае омадаанд, ки овозаи Азиз баланд шуд, ӯро бояд  паси панҷара кард, чунки номи Зоир ба наркобаронӣ набарояд, аҷабе нест, ки худи Зоир супориш ҳам дода бошад ба ВКД, ин ҳама рӯзе аён мешавад!! Ба ҳама маълум аст,ки Зоир Соҳибов ВКД, Прокротураро курироват мекунад.»

Ин авлод ҳамаро вақти лозимӣ истифода мебаранд ва баъд ба ягон чуқурӣ тела мекунанд, оиди кидати оила садҳо мисолҳо дорем. Ҳошим ё Азизи домсоз кӣ ҳастанд, ки аз рафтори пуштибонҳо пурсиш кунанд. Фикр кунед, одамоне, ки Раҳмоновро ба сари қудрат оварданд чи шуданду ҳоло куҷоанд, инҳо хуб мефаҳманд, ки ҳеҷ кас дар ин замона то вақти муайян аз онҳо пурсиш карда наметавонад. Албатта, ин рафтору кирдорҳо мерос ва насиҳат аз пешво ба онҳо аст. Аллоҳ бузург аст, албатта, рузе миллати ғамдида бо чашмони худ ин шо Аллоҳ шоҳиди ҷазои онҳо мешавад.

Ҳошим Каримов ба раиси кумитаи андоз 200 ҳазор доллар пора дод

Ҳошим Каримов баъд аз чоп ва пахши видеоӣ, ба гуфтаи наздиконаш зиёда аз 500 ҳазор доллар барои як қисм корҳои худро тинҷ намудан ба баъзе кришаҳои майдааш ва органҳои Тоҷикистон  масраф кардааст. Фақат худи раиси кумитаи андоз Давлатзода Нусратулло 200 ҳазор доллар маблағро гирифта насиҳат карда аст, ки кормандони ман ҳоло ба ширкатҳои ту чаққа намешаванд, «ту бра корҳоятро соз кун, агане гап зиёдай, роҳша биёв нанвисан» боз гуфтааст, ки агар «боло» супориш диҳад ман дигар илоҷ надорам. Аз як тараф  ҳаҷми фурӯши маҳсулоти дорувории Ҳошим Каримов  дар Тоҷикистон хеле коҳиш ёфтааст, аз тарафи дигар тамоми он органҳое, ки ба  бизнесаш мусоидат мекарданд, ставкаро боло карда, илтимос доранд, ки пулро ба дасти каси дигар равон кун, худат наой назди мо,ки мода проблемаи калон мешавад. Ҳошим Каримов  ба дараҷае хасис аст ки ҳатман худаш бояд  пулро диҳад, розӣ нашуда истодааст. Ба гуфтаи хешу табораш ӯ вақти маблағдиҳиро ҳатман сабт ҳам мекунад, барои кадом рузе шояд лозим шавад мегуфтааст ва ин корро “крышачаҳакҳояш” ҳатто медонанд, калоно аз бало ҳазар гуфта шиштаанд.

Домоди «пешво» бо домоди аки «пешво» шарики ҷинояти фаромиллӣ

Тамоми корҳои ғайриқонуни гумрукии ӯро ба гуфтаи наздикони Ҳошим Каримов чанд соли охир бо супориши Ашраф Гулов, ҷонишини сардори  гумруки Тоҷикистон Ҳурматов Ислом домоди акаи президент иҷро мекардааст.

«Ҳошим Каримов вақте, ки ба Ҳурматов Ислом  муроҷиат менамояд, нисбати ба расмият даровардани 2-3 контейнери омада истода»мисли ҳарвақта» Ислом Ҳурматов  ҳатто то охир гӯш ҳам накарда маслиҳат медиҳад, ки ҳоло то нисбати ту ором шудани гапҳо борҳоятро свх (склад временное хранения) карда мон, баъд вазъиятро дида кор мекунем. Ва дигар гушакро қатъ мекунад, ба гуфтаи Ҳошим дигар то ҳозир ба алоқа набаромада аст.»

Аз тарафи дигар партнерҳои дар Москов буда ҳам каме худдорӣ намуда истодаанд аз ҳамкорӣ, гуё ба сари онҳо низ фишор аз тарафи роҳбарияти худ бошад.

Ҳошим Каримов дар чорсӯйи фишорҳо

Ҳошим Каримов ба хешу табор ва баъзе рафиқони худ маслиҳатҳо карда ба хулосае омад, ки об аз боло лой аст. Ба ӯ хабар доданд, ки дар маҷлиси оила ҷангҷол шудааст, ки нафари бегона ин қадар дорувориҳои куҳнаву арзонро дохил намуда даҳҳо миллион долларро аз пеши чашмамон бурда истодааст, бояд ин бизнес дар дасти одами наздиктар ба худамон бошад. Дар натиҷа ин бизнесро пурра ба «Авесто- Групп», ки аз наздикони Рустами Эмомалӣ мебошад гирифта дод. Дар Тоҷикистон 3-4 ширкати доруворӣ ворид мекарда ҳастанд, ки ҳама зери назорат ва наздикони оила мебошанд. Ҳошим Каримов ба гуфтаи худаш то индараҷа номард будани аъзои оиларо дар ақлаш ҷой намекард, ки бизнеси зери нигоҳубини оиларо ҳам боз аз даст бигирад, ҳол он ки солҳои охир ба гуфтаи Ҳошим аз 70% зиёди фоидаро онҳо мегирифтанд. Ҳоло сахт дар ташвиш аст, ки ба даҳҳо миллион доллар дар Тоҷикистон молу амвол дорад, оқибати онҳо чи мешуда бошад, аз ҳама асосаш солҳои дароз  бизнеси «перекидка денег», ки аз шаҳрҳои Русия бо Душанбеву  Истаравшану Хуҷанд хуб ба роҳ монда шуда асту тақрибан 40-50% тамоми пули аз Русия гузаронида мешударо назорат мекунад, ки аз ин бизнес аз 1% то 3% ҳаққи хизмат мегирад. Ин бисёр як миқдор ва ҳаҷми калон аст, чи мешуда бошад?! Инро ҳам ба касе гирифта медода бошанд, ё ин ки андозбандӣ мекарда бошанд, Ҳошим ҳайрон аст. Ин як тарафи масъала, тарафи дигари масъала Ҳошимро » генерали аждаҳори баднафс» Зоиров Ҷурахон зери фишори сахт қарор додааст, ки барои чи ту дар ҳама ҷой нақл кардӣ баъзе сирру асрорамонро. Масалан вагони гугирдчубро. Худат хуб медонӣ, ки ман 15-20 вагони гугирдчубу туалетный бумагаи туро чашм пушида сар додаам, ту бошӣ ба ҳама нақли ҳамон 150 ҳазор долларро кардаӣ.

Таҳдидҳои генерал Ҷурахон Зоиров ба Ҳошим ва баъзе дороиҳо ва корнамоиҳои ӯ

Ба гуфтаи Ҳошим генерал Зоиров Ҷурахон аз ӯ талаб  дорад аввал номашро аз «Ислоҳ» тоза кунад ва баъдан як суммаи калон гуё «за моральный ущерб» ба ӯ  пул диҳад. Зоир Ҷурахон ё “Шайтан генерал”  даъво дорад, ки вай яке аз намояндагони элитаи Тоҷикистон асту генерали ҳақиқӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва ҳоло корманди Академияи милли илмҳои Тоҷикистон мебошаду номи ӯ доимо то имрӯз ба некӣ гирифта шуда аст ва ӯро ҳамчун фарзанди бономус, дасти пок ва пушти тоза дошта, авлоди шоҳони Дарвоз ва содиқона ба давлату миллат хизматкарда мешиносанд. Дар ҳақиқат агар дар Сағирдашту Дарвоз нафаре вазифа гирад, ё ин ки каме бой шавад, масалан як Москвич ё Жигулии нав харад, албатта решаи худро ба решаи ягон шоҳони гузашта пайваст мекунаду дар охири номаш ҳатман ду -се ҳарфи дигар ба мисоли Шералӣ вақтҳои аввал, вале баъдан  Шералишо, Одилшо, Кишваршо ҳатман-шо ё шоҳро изофа менамояд. Онҳо то ҳозир ба фикрам хоб ҳастанд, ки 30 соли охир шоҳу шаҳзода ҳама дар Данғара асту онҷо таваллуд мешавад. Зоир Ҷурахон фикр мекунад, ки ӯ ягона генерал дар Тоҷикистон ҳасту ӯро бояд ҳама гуш кунад. Маслиҳати мо ҳамин аст ки бисёр дур наравад, биравад то қишлоқи Пушинги ноҳияи Данғара, ки тахминан 8-9 ҳазор аҳолӣ дорад, онҷо70 генерали ҳоло дар сари вазифа буда ҳастанд, ки бисёре аз онҳо баъд аз гирифтани рутбаи генералӣ, дар фикри ягон дипломи мактаби олӣ мешаванд. Зиёда аз онҳо то 35 солагӣ ин рутбаро мегирад, “худодод” ё “Раҳмондод” ҳастанд.

Зоиров Ҷурахон баъд аз ин мақола мисли девона шуда ба тамоми бизнесменҳову каме обруй дошта тоҷикони Русия занг зада таҳдиду фишорҳо ва ба разборҳои кучагӣ онҳоро тарсонида истодааст. Ва ваъда кардааст, ки кормандони МВД ва ФСБ-ро ба сарашон равон мекунад. Зиёде аз онҳо аз истеъдодҳои генерали баднафс хабардор ҳастанд, ки метавонад  барои пул шуда ягон «подстава» кунад, розӣ шуданд, ки маблағгузорӣ мекунанд,то ин  ки  «заказчик’-и мақоларо пайдо кунанд. Солҳое, ки Генерал шайтан Зоиров Ҷурахон намояндаи вазорати корҳои дохилӣ дар Русия буд, гирди худ як бандаи ҷинояткоронро гӯем ҳам хато намекунем, аз намояндагони бизнесу криминал ҷамъ карда буд, ки ҳар яке вазифаҳои худро доштанд,2-3 нафари онҳо бо насиҳату супоришҳои Зоиров Ҷурахон амал карда оқибат кушта шуданд, якчанд нафар зиндонӣ барои куштори 3-4 нафар солҳои дароз ба мисли Лутфулло Муҳаммадиев,  ва баъзе хушбахтараш просто банкрот шуданд. Яке аз дӯстони наздиктарини генерал Зоиров,ки намояндагони олами ҷиноӣ Яхшимуродов Шуҳрат (по кличке Шуха) ва дигаре Аҳмадов  Мустафо (по кличке Ахмед) пасу пеш дар назди хонаҳояшон бо 15-20 тири  аз автомат кушта щуданд, сеюмиро аз пешонааш парониданд. Ин аст натиҷаҳои ҳамкорӣ ва дӯстии онҳо бо генерал Зоиров Ҷурахон,баъзеашонро бо ҳамкорӣ бо генерал набахшиданд, дигаронашонро ба гуфтаи шоҳидон худи Зоиров Ҷурахон фурӯхта аст. Ин гапу корҳоро бисёре аз бизнесменҳо ва намояндагони олами ҷиноӣ хуб медонанд, ки генерал дар як вақти муайян  одамро мефурӯшад. Нисбати ин нафарони кушташуда ва чи гуна муносибатҳо бо генерал-академик доштаашон равшантар дар мақолаҳои оянда нақл мекунем. Аз ҳамин лиҳоз хавфи Ҳошим Каримов ҳам беасос нест. Худи Ҳошим Каримов  ҳаёти ҳамсинфи худро бо дасти ин генерали баднафс шикаста аст хуб мефаҳмад, ки ӯ ба хотири пул ба кадом роҳ тайёр аст, биравад ба ҳамаи ҳамин нигоҳ накарда, Ҳошим Каримов маҷбур шуд баъзе аз секретҳои байни худ ва шайтан генералро ба наздиконаш нақл кунад. Масалан ба гуфтаи Ҳошим таърихи 26/03 барои ӯ як рӯзи бадтарини сол аст. Чунки ин зодрӯзи шайтан генерали баднафс мебошад, ки аз соли 2008 то ҳозир, қариб 15 сол мешавад, ки зодрӯзи худро дар ресторанҳои беҳтарин, қимматтарин ва дар рейтинги топ-10 буда, ба 40-50 нафар одам мегузаронад ва худ ҳамчун меҳмони олиқадр 10-15 дақиқа пештар меояду албатта ягон камбудӣ пайдо намуда моро ҷангҷол мекунад ва то бастани шудани ресторан рақсу бозӣ, шаробнушӣ ва боз аз ҳисоби мо ягон шишагӣ нушокиҳои спиртии қиммат ба меҳмонҳои худ туҳфа мекунад, фикр мекунӣ хонаи падараш бошад ва дар охир миннатдорӣ ҳам накарда баромада меравад. Ҳар як зодрӯзи ин аждаҳор генерал барои мо аз 15 то 30 ҳазор доллар зарар меорад. Ҳамин сол 65 солагиашро  боз омада дар яке аз  ресторанҳои қимати Москва ба номи «Белуга» бо ҳамроҳии нафақахурони зиёди вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагони СНГ қайд намуд. Ҳама ҳайрон, ки барои чи дар Тоҷикистон, дар назди аҳлу оилаат ҷашн намегирӣ, баҳона ин аст ки дар Тоҷикистон ин хел ҷашну маросимҳо манъ аст. Ғайр аз Ҳошим Каримов  боз даҳҳо нафар тоҷикони бо обруй омада дар назди дари ресторан табрик намуда туҳфаву конвертҳои худро супорида мераванд. Ғайр аз зодрӯзҳо доимо бо меҳмонҳояш дар ресторанҳои кавказиву шарқӣ вохуриҳо мегузаронад, ин ҳам аз ҳисоби тоҷикони Москва. Умуман аз ин каме беҳтар Девонаев Сафиалло буд, ки ӯ фақат пули нақд мегирифту баъди аз Русия баргаштан ба Тоҷикистон дигар ғам намедод.

Аз рӯйи нақлҳои баъзе дигарон генерали аждаҳор дар минтақаи «Бутоваи Москав» дар як Жилой Комплекси нав ду квартира ба масоҳати 320 кв метрро дар як площадка харида, евроремонт карда ба иҷора додааст. Ин хонаҳоро Ҳошим Каримов бо як бизнесмени дигар харида додаанд. Боз як ҳавлӣ- коттедж дар минтақаи Минский шоссе дар 25 км бо ёрии тоҷикони Русия сохта ҳоло якчанд сол мешавад ба ичора додааст.

Нисбати ба бизнеси «перекидка»- «ҳавола»-и пулҳои Ҳошим Каримов алоқамандӣ доштани Зоиров Ҷурахон ба воситаи домодаш Суҳроб, писари Маҳмадӣ Пиров  бо тахаллуси «тоқикалон», бародари Тоҷиддин Пиров ва чи қадар дар ин бизнес маблағи  гузоштааш нақл мекунем. Генерали баднафсро хотир расон намуданӣ хастем оиди 600 ҳазор доллари худро аз бонки «Тоҷиксодиротбонк»  гирифта ба бонки «Соҳибкорбонк»- ки раисаш Кабиров Одилшо, бародари Шералӣ Кабиров мебошад, гузоштааст. Зоиров Ҷурахон фаҳмид, ки вазъи «Тоҷиксодиротбонк» на онқадар хуб аст, бо тезӣ зиёда аз як миллион доллари худро гирифта қисми онро ба «Соҳибкорбонк» гузошт, баъд аз чанд вақт фаҳмиданд, ки «Соҳибкорбонк» ҳам ба  Оила, аниқтараш ба дасти Ҳасан Асадуллозода гузашта истодааст аз он ҷой низ ба тезӣ пули худро баровард. Мо аз ин гуфтаҳо чи мақсад дорем? Мақсади мо ҳамин аст, ки генерал Зоиров Ҷурахон худро ин қадар поку покиза ва ҳоҷиву доктори илмҳое, ки фақат ба халқ хизмат карда метарошад, савол ба миён меояд, ки ин қадар маблағҳоро аз куҷо ба даст овардааст, бо ин хел маошҳои хандааовар.

Дар бораи се квартираи дар Душанбе ба иҷора додаашу ба зани дуввуми худ ҳавлии калони сохтааш ҳоло гап намезанем.

Дар бораи 300 га замини дар Муминобод ва 100 га замини дар Сағирдашт гирифтаи Зоиров Ҷурахон ба воситаи Шералӣ Кабиров нақл менамоем. Фикр кунед, ки одами аз хама пок ва содиқона ба халқ хизмат карда, соҳиби чи қадар дороист.

Генерал Ҷурахон Зоиров пас аз нашри матлаби аввал ба бемории васвос мубтало шудааст

Мақолаи пештара чунон ба генерали баднафс таъсир намудааст, ки ду -се маротиба соатҳои ҳафти саҳари сару либоси генералии худро пушида то назди дарвоза рафтааст, ки   ба ВКД ба кор меравад. Бечора ҳамсараш гуфтааст «мардак худат 7-8 сол шуд дар нафақа ҳастӣ» шайтан генерал Зоировро ба хона бар гардонидааст. Бовар дорем фарзанде, ки имрӯзҳо дар ВКД кор мекунад аз хатоиҳои падар дарс меомузад.

Зоиров Ҷурахон  назар ба дигар генералҳои ин режим бо ин қадар камбудиҳояш боз тозатар аст. Мисолҳо хеле зиёданд, нисбати генералҳои  ин ҳукумат. Чи хеле худи Раҳмонов мегуяд  «фаромӯш накунед, ки ман шуморо аз оғилу замини саҳро оварда лампас пушонидаам»,дар ҳақиқат ҳамин тавр ҳам ҳастанд.

Ҳошим Каримов кидат шудааст

Аммо, ҳоло вазъияти Ҳошим Каримови наркобиотик -партнери бизнеси доруи Ашраф Гулов -шавҳари Парвинаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов, сафири Тоҷикистон дар Туркия хеле бад шудааст. Ашраф ӯро дигар барои идомаи тиҷорат ба Туркия даъват намекунад ва дар дорухонаҳои Тоҷикистон ҳам сару садоҳову овозоҳо бо суръати бод паҳн шудааст,ки доруҳои аптекаҳои уротеппагӣ «фалшивий» будааст ва барои ҳамин як бора фурӯши онҳо ба замин задааст. Қабл аз омода намудани ин матлаб як назарсанҷӣ дар чанд минтақаҳои кишвар, ки онҷо доруфурӯшиҳои Ҳошим Каримов буданд ё баста шудаанд. Пурсидем чихел баста шудаанд, оё касе болояшон фишор овард,ки баста кунанд? Дар посух гуфтанд,ки на мардум фаҳмиданд,ки доруҳои муҳлатгузашта фурӯхта мешаванд касе харидани намеояд ва дигар худашон маҷбур ба бастани онҳо шудаанд. Яъне матолибу барномаҳои “Ислоҳ” мисли соиқа нашру паҳн мешаванд ва мардум хубро аз бад ва зарарро аз фоидаашон ташхис мекунанд.

Поёни бахши дуввум, идома дорад ва то шаш матлаб тақрибан омода ба нашр аст.

Ps: Феълан чанд маълумоти ҷонибӣ аз амалҳои Ҳошим Каримов ба “Ислоҳ” расидааст. Маълумотҳои ҷолиби дигаре аз Ашраф Гулови додмод пошо ва ваҳшату изтиробҳои ин сафири Кабир,ки хело ҷолибанд.Инчунин аз генерал Ҷурахон Зоиров вале онҳоро бояд тасдиқ намоем,ки то чи андоза сиҳат доранд. Барои мисол як маълумоташ чунин аст: “Доруҳое аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешаванд қисме аз он дар дорухонаҳои худи Ҳошим Каримов тақсим ва фурӯхта мешаванд ва қисми дигараш ба дорухонаҳои “Сифат-Фарма»и Парвина ва Ашраф Гулов ворид мешаванду фурӯхта мешаванд. Агар ин ҷиноят тасдиқ шавад хело мудҳиш аст. Доруҳои муҳлатгузаштаро духтар ва домоди “Пешво” ба мардум мефурӯшанд,то пул кор кунанд” Ҳатман пас аз тасдиқ шудан онҳоро низ дар шумораҳои баъдӣ тақдим хоҳем намуд. “Ислоҳ”, то имрӯз ҳеҷ касеро туҳмат накардааст ва ҳама ончи нашр менамоем ҳатман месанҷем ва таъкид мекунем, пас аз он нашр менамоем. Дақиқан ин матлаб ва матолиби баъдӣ ин шо Аллоҳ бо шаклу омодасозии чуноне гуфтаанд “Голевудӣ” тақдими бинандагон хоҳад шуд. Бо “Ислоҳ” бошед, то ҳамаи ин моҷароҳои ҷолибу ҷиноятӣ бештар огоҳ гардед!

Сообщение Ҳошим Каримови «НАРКОБИОТИК «-ро“крышаҳо”яш кидат карданд появились сначала на ISLOH.net.

Раиси кумитаи “Андоз”- «андоз»ро ба кисаи худ «наандоз»!
Империяи Нусратулло Давлатов ё давлат дар дохили давлат

(бахши аввал)

Давлати Тоҷикистон рӯзбарӯз ва таҳбатаҳ ба фасод ғарқ мешавад. Фасодзадатарин фасодкорон онҳое ҳастанд, ки дар вазифаҳои давлатӣ дар мақоми аввал ҳастанд. Мо, дар бораи ришвахориву фасодкориҳои Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии назорати амволи давлатӣ ва мубориза бо коррупсия чандин мақола бо далелу арқом ба нашр расонидем. Ҳамчунин дар бораи Юсуф Раҳмон, Додситони кулл ва сарвату дороиҳои вай ва низ аз тиҷоратҳои ошкору ниҳон ва азонихудкуниҳои моликияти мансуб ба халқу давлат аз тарафи “масъули амнияти 9 миллион тоҷик”, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва низ генерал Мурод Сайидов,”телех”-и №1-и Тоҷикистон. Тими таҳқиқотии “Ислоҳ.нет” ин бор фаъолияти Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор дода ва натоиҷи фишурдаи онро дар як матлаб дар дастраси мо қарор дод. Ҳоло,ки ин навиштаро манзури шумо мегардонем, бовар кунед, бори дигар бар ин натиҷа расидем, ки дар ин давлат ришват ва фасодро худи Эмомалӣ Раҳмонов ва аъзои хонаводаи вай дастгириву мадад мекунад. Имкон надорад, ки як вазир ба ин ҳад дуздад ва ғорат кунад, агар ки дар пушти ӯ раиси ин давлат наистода бошад. Вагарна кайҳо ӯро прокурор, милиса, амният ва ё Палатаи ҳисобу дигару   дигараш дастгир мекард. Ба як ҳарф агар хулоса кунем ин аст ки аз боло то поин давлати Тоҷикистон дар чоҳи фасоду ришват руст мондааст ва то замоне, ки Раҳмонову хонавода ва авлоди ӯ дар сари қудрат ҳастанд, он аз байн нахоҳад рафт ва баракс зиёд мешавад. Матлаби зер дар бораи яке аз ин коррупсионерҳои ашаддии кӯҳнакори давлати Тоҷикистон аст:

Ду маротиба дар як соли охир президент тамоми муовинҳои Нусратулло Давлатзода, раиси кумитаи андози Тоҷикистонро барканор кард вале ба худаш кордор нашуд. Давлтазода аз соли 2009 дар ин мансаби калидии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов  фаъолият карда истодааст ва феълан “куҳантарин” вазири ҳукумати Раҳмонов аст. Соҳаи андозу андозбандиву андозситонии Тоҷикистон моломоли мушкилот аст, ки онро   ҳосили «заҳмату талошҳо”-и Давлатзода мешуморанд. Системаи андоз дар Тоҷикистон ба як империя мубаддал шудааст ва императори он худи Давлатзода мебошад. Давлатзода низоми андози кишварро ба як ширкати хусусии худ ва хешу таборонаш бадал кардааст. Ин ниҳоди давлатӣ тавассути наздикон ва ҳамшаҳриёни ӯ идора карда мешавад.

Нусратулло Давлатзода, ки яке аз ташаббускорони асосии боло бурдани нархи интернет буд, ки дар пайи он қариб буд дар Тоҷикистон таркиши иҷтимоӣ ба вуҷуд ояд ва Эмомалӣ Раҳмонов маҷбур шуд, ки ҳамагӣ баъд аз 6 рӯз он қарорро бекор кунад. Дар баёнияи дафтари матбуоти раисҷумҳур гуфта мешуд, ки шахсони дар ин кор даст дошта ҷазо дода мешаванд. Ҳамагӣ интизор дошт, ки Нусратулло Давлатзода ҷазо мегирад, вале нагирифт. Чаро?! Муаммо!

Нусратулло Давлатзода аз соли 2009 раиси Кумитаи андоз аст (то ин вақт муовини аввал буд) ва чуноне гуфтем дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов дарозумртарин вазир ба шумор меравад. Дар ҳамин 11 соли раисии ӯ низоми андозу андозбандии Тоҷикистон ба бадтарин система табдил ёфт ва ҳоло Тоҷикистон дар қатори 10-гонаи дорои бадтарин системаи андоз дар дунё шинохта шудааст. Сарбории андоз дар кишвари мо аз баландтаринҳо дар дунё буда, ҳаҷми маҷмуии андозҳо дар Тоҷикистон 67,3%-ро дар бар мегирад. Ин аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ, ки 39,6% мебошад бамаротиб зиёд мебошад. Яъне ин ба он маъност, ки агар шумо як сомонӣ кор кардед беш аз 67 дирами онро бояд ба давлат бидиҳед. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки Тоҷикистон фақиртарин кишвари Шӯравии пешин ба ҳисоб меравад.

Ҳамин империяи сохтаи Давлатзода буд, ки соли 2017 дар кишвар бештар аз 200 ҳазор соҳибкори хурду миёна (65000 – Суғд, бештар аз 50000 – Душанбе, 42000 – Хатлон, 40000 – ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 4000 — ВМКБ) фаъолияти худро қатъ кард ё ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмонов «кормандони андоз дар ҷони онҳо заданд”. Навори ҷанҷоли соҳибкорони Шаҳритуз бо кормандони андоз, ки президенти Тоҷикистон ҳам ба он ишора кард, намуна ва нишона аз бархе аз амалкардҳоест, ки империяи Давлатзода бо мардум раво мебинад.

«Шумораи ширкатҳову дороиҳову хонаҳои боҳашамате, ки дар империяи Давлатзода ба ҳар роҳу васила аз супурдани андоз озоданд ё бо роҳи сохтакории аснод ба номи шахсони дорои имтиёз номнависӣ шудаанд, аз мӯйи сар зиёдтаранд. Вале бо ин вуҷуд Давлатзода ҳатто танбеҳ нагирифт!»

Саҳми хонаводаи Давлатзода дар империяи андозии ӯ!

Баъди мулоқоти президент бо кормандони гумрук ва андоз Давлатзода саросема ба рондани баъзе хешу табор ва наздиконаш аз империяи сохтааш пардохт. Агарчи дар зоҳир муовинони расмии кумита аз ҳар ноҳия ва манотиқи кишваранд.Аммо дар асл ин ҳама дар хидмати ин “император Давлатзода”  қарор доранд. Тибқи маълумоте, ки мо ба таври ғайрирасмӣ аз яке аз кормандони воломақоми Кумитаи андоз ба даст овардем ҳоло 216 нафар хешу табор ва қудову хушдоманҳову домодҳои худ ва  наздикони Давлатзода дар Кумитаи андоз кор мекунанд. Аз инҳо 34 нафар дар сатҳи роҳбарӣ – аз сардорони раёсатҳову нозирот то мудирони шуъбву бахшҳо. Аз ҷумла то кунун мо тавонистем ҳувияти қисме аз хешу табори наздики Давлатзодаро дар мақомҳои раҳбарии Кумитаи андоз ошкор кунем:

1.Сардори шӯъба дар Дастгоҳи марказӣ, Давлатзода Маҳмадсаид – бародарзодааш;

2.Корманди воломақоми Кумитаи марказӣ, Давлатзода Диловар – писараш

3.Сардори нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Шамсов Саидмуртазо — домодаш;

4.Сардори шуъба дар нозироти ноҳияи Сино Н. Давлатзода – писари акааш;

5.Сардори бахш дар нозироти ноҳияи Рӯдакӣ, Файзиддинов Б. – домодаш (ки то ин вақт муовини сардори нозирот дар шаҳри Турсунзода буд ва бо бедодгариҳояш дар ин минтақа маъруф аст);

6.Сардори нозироти шаҳри Турсунзода, Ҳакимзода Дилшод – хешу табори наздикаш;

7.Сардори нозироти ноҳияи Шоҳмансур Довудов Ҷамшед- ҳамдеҳа ва хешу табори наздикаш;

8.Сардори нозироти шаҳри Ҳисор, Давлатзода Аҳлиддин – хешу табори наздикаш;

9.Сардори раёсати андоз аз арзиши иловашуда (ААИ)-и Кумитаи марказӣ Давлатов Фаррух – хеши наздикаш;

10.Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Душанбе, Азиз Давлатзода – писараш;

11.Сардори раёсати андози вилояти Хатлон, Нуров Ҷумъахон – аз наздиктарин шахсони Давлатзода, ки гуфта мешавад бештари корбаробаркуниҳо ва ҳисоббаробаркуниҳо тавассути ҳамин одам сурат мегирифтааст ва ин шахс дар империя бо номи «кассаи Давлатзода” муъруф будааст.

12.Иззатулло Давлатзода, писараш, муассиси ширкати сохтмонии “Элит-Строй-Сервис” мебошад.

Баъди мулоқот бо раисҷумҳур Давлатзода бархе аз ин хешу таборҳояшро аз вазифа дур кард. Аз ҷумла сардори Раёсат дар вилояти Хатлон, сардори нозироти шаҳри Ҳисор ва қисме аз домоду хешонашро дар як маҷлисе, ки рӯзи 15-уми май доир кард. Аммо ҳамаи онҳо то рӯзи мулоқот дар империяи Давлатзода кору фаъолият мекарданд.

Яке аз омилҳои рушду тавсеъаи Империяи Давлатзода низ ҳамин буда, ки аксари кормандони Кумитаи андозу гумрук, бо шумули роҳбаронашон зодагони ноҳияи Темурмаликанд, ки миёни ҳам доду гирифт карда умри империяро дароз мекунанд.

«Бо вуҷуди ин ҳама Давлатзода ҳатто танбеҳ нагирифт, балки корашро давом дода истодааст….»

Дороиҳои Давлатзода ва пойдории империяи ӯ

Он чи ки мо дар ин матлаб пешниҳод менамояем чизе баробари 15–20% асрори пинҳони империяи андози Давлатзода аст. 100% ошкор кардани қонуншиканиҳо ва зарарҳое, ки ин империя ба буҷаи Тоҷикистон ва мардуми кишвар расонидааст, вазифаи ниҳодҳои вижаи Тоҷикистон, аз ҷумла КДАМ, Прокуратураи генералӣ, Агентии зидди фасод ва Палатаи ҳисоб мебошад.

Аммо ҳамагон медонанд, ки Давлатзода яке аз сарватмандтарин мансабдорон  дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов аст. Ҳарчанд тибқи қонунгузорӣ, мансабдори давлатӣ ҳаққи машғулият ба тиҷорат ва фаъолияти соҳибкориро надорад. Ҳоло яке аз калонтарин ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон «Элит-строй” аст, ки ба писари Давлатзода тааллуқ дорад. Ҳамчунин даҳҳо ширкати миёнаву хурди дигаре низ ҳастанд, ки ҳамчун корхонаҳои фаръӣ ба тиҷорати калони Давлатзода бастагӣ доранд. Инчунин барои гурехтан аз андоз ва саркашӣ аз пардохтҳои андозӣ ин империя ширкатҳои кӯтоҳумри 5-рӯзаву 10-рӯзаву 1-моҳаву чандмоҳаро дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ташкил мекунад. Ширкатҳои дигаре, ки фаъолияти лоҷистикиву воридотии борҳоро анҷом медиҳанд ва ба ин империя марбут мебошанд ба даҳҳо мерасанд, ки ҳамаи онҳоро сохторҳои марбута хуб медонанд.

Яке аз корҳои ғайриқонуние, ки дар ин империя роиҷ шудааст, ин мебошад, ки барои пур кардани нақшаи моҳона кормандони воломақом ба инспекторҳое, ки наметавонанд нақшаро дар муҳлат иҷро кунанд, пул қарз медиҳанд ва моҳи дигар инспектор онро бо фоизҳояш мегардонад. Яъне агар Тошматов нозири андози ноҳияи Шоҳмансур натавонист нақшаро иҷро кунанд ва 100 ҳазор сомонии дигар бояд биғундорад, пас Эшматов яке аз кормандони воломақом ба ӯ 100 ҳазор сомонӣ қарз медиҳад, ки моҳи дигар Тошматов онро 110 ҳазор осомонӣ карда бармегардонад. Гузашта аз ин кормандони андоз дар мувофиқа бо кормандони «Амонатбонк” бо таърихи куҳна, то 7-8-уми моҳи нав андозҳои моҳи куҳнаро ҷамъоварӣ мекунанд ва инро дар истилоҳоти империяи Давлатзода – коридор меноманд.

Гуфта мешавад, ки Давлатзода яке аз «говҳои ҷӯшоӣ” дар ҳукумат аст ва аксари хароҷоти меҳмонҳо ва маҳфилҳои давлативу хонаводаи раисҷумҳурро ӯ ба дӯш дорад ва ба дигар ниҳодҳои назоратӣ ҳам ришватҳои калон медиҳад, то масъунияти худро дар империя таъмин намояд. Ҳарчанд баъди мулоқоти президент дигар дар назди Кумитаи андоз ва раёсати шаҳриву нозироти он дар навоҳии Душанбе дигар мошинҳои гаронқимати кормандони он намеистанд, аммо хонаҳои гаронарзишу дачаҳои кормандони андоз дар он тарафи дарёи Душанбе, дар маҳаллаи Чорбоғ  ҳанӯз побарҷоянд. Зеро онҳоро пинҳон карда намешавад. Ҳатто гуфта мешавад, ки баъди мулоқот бо президент Давлатзода саросемавор бо ҳайати раҳбарону кормандони Кумита мулоқоти оҷилӣ доир карда гуфтааст, ки дороиву хонаву мошинҳоятонро гум кунед ё ба номи касони бегона санад кунед. Инро ҳам бояд бигӯем, ки кадом биноеро ин ширкат сохт, ҳатман ками кам 7 хона барои 7 бачааш ва ё барои дигар фарзандонаш аз дигар занаш, ҷудо карда мешавад. Ва утоқҳои ғайриистиқоматияш, яъне мағозаҳою маркази савдоҳо, фурӯхта намешаванд! Ин оила худашон барои бизнесҳои бешуморашон истифода мебаранд! Ҳамаи мағозаҳою ошхонаҳо дар ин бино ҷойгир бошанд, пас бидонед, ки инҳо аз худи ин оила мебошанд. Теъдоди ками онҳо ба иҷора додагӣ аст, хеле камаш! Бисёраш аз худашон аст! Нусратулло Давлатзода, тибқи маълумот 3 зан дорад!

Мегузарем ба биноҳо сохташудаи ширкати “Элит-Строй-Сервис” :

13-ошёна дар Хуҷанд дар 12 мкр., дом 23

12 -ошёна дар хиёбони Рӯдакӣ110 (муқобили Донишгоҳи омӯзгорӣ)

12 -ошёна дар кӯчаи Бухоро 27 (рӯбарӯи Хадамоти Гумрук)

4- бинои 9 ошёна дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, (дар шафати Сафорати Русия)

9 -ошёна дар кӯчаи  Пушкин  81 (паҳлуи вазорати дифои Тоҷикистон)

16-ошёна дар буриши кӯчаҳои  Айнӣ ва А. Дониш

4 бино дар гардиши фурудгоҳ, ки якеаш сохти “Элит-Строй-Сервис”  аст

12-ошёна дар кӯчаи Истаравшан20, пеши конечкаи маршруткаи №11

17 -ошёна дар кӯчаи Истаравшан18, ин ҳам дар назди конечкаи маршруткаи №11.Сохтмонаш то ҳол давом дорад.

12 ошёна дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзи (рӯбарӯи маркази савдои «Пойтахт», назди варзишгоҳи»Спартак»)

Ба гумони ғолиб Нусратулло Давлатзода ва оилаи вай ширкатҳои дигари сохтмонӣ ҳам доранд. Аммо аниқ медонем, ки якчанд  заводи бетон, хишт, карелҳои қум, хулас масолеҳи сохтмонӣ қариб ҳамааш аз худашон мебошад.

Як мағозаи калони мебел ва сантехника доранд. Яке аз қимматарин, “элитный сантехника” дар Тоҷикистон. Ҳамаи хонаҳояшон аз ин мағоза таъмин карда мешавад!

Ҳамчунин корхонаи истеҳсоли мебел доранд ва мебелҳои хеле ҳам гаронарзиш. Хонаҳояшонро бо ҳамин мебел муҷаҳҳаз кардаанд. Ин корхона тибқи маълумот ба маблағи беш аз 2.5 млн.$ сохта шудааст. Ин оила дар Дубай, Palm Jumeirah (Пальма Ҷумейра, ҷазираи маснуӣ), ВИЛЛА-и оилавӣ дорад. Нархи он вилла беш аз 1,5 млн.$ мебошад. Раиси Кумитаи андоз ва аъзои сершумори оилаи вай дар Тоҷикистон табобат намегиранд. Мабодо касал шаванд, масалан грипп рост Олмон ба табобат мераванд.

Барои ҳамин дар шаҳри Франкфурти Олмон якчанд хона харидаанд! Барои чи маҳз Франкфурт? Барои он ки “Сомон эйр” парвози мустақим дорад ба ин самт! Душанбе-Франкфурт! Бале, якто не, ЯКЧАНД хона доранд! Оила гуфта набераҳояшонро ҳам дар назар дорам, чунки як набераашон касали дил будаст, чанд маротиба онро ба табобат бурдаанд.

Давлатов ва фарзандонаш ба дараҷаҳо масту аз худ рафтагианд, ки месазад баъзе аз қиссаҳояшонро,ки муҳаққиқони “Ислоҳ.нет” пайдо кардаанд, пешкашатон намоем.

«Яке аз рӯзҳои соли навиро (ё 2015 ё 2016) ин оила дар ресторани ОК, дар назди гардиши аэропорт ҷашн гирифтаанд! Нусратулло, ҳамсараш, писарҳо бо ҳамсару фарзандонаш, хулас беш аз 20 нафар буданд. Ҳамон шаб онҳо албатта ҷои ВИП-ро “полний зайнит” карданд! Шарт нест навистан, ки дастархонашон чи чизҳо дошт, танхо маблағи онро гӯям мумкин маро девона мегӯед. Онҳо дар он шаб ба беш аз 13 000 $ шиштанд. Тассавур кунед.»

Баъди як сол.

Яке аз писаронаш ҳамроҳ бо оила рухсатии пеш аз соли нав мераванд ба Таиланд. Барои «палёни» нашудан, онҳо оилавӣ через Маскав мераванд ва боз через Маскав меоянд.   Тасаввур кунед, чи қадар маблағ сарф мекунад, то ки«палёни» нашаванд.

«Агар раисҷумҳур 7 духтару 700 домод дошта бошад Нусратулло Давлатзода 7 писару 700 келин! Тавба»

Як ҳикоя аз гузашта!

Яке аз писаронаш ҳамсарашро бо ронанда меқапад (онҳо ҳамаашон ҳам худашон мошин доранд, ҳам шофёр отделни мошин дорад), гӯё, ки онҳо берун аз шаҳр (тарафҳои Варзоб) дар даруни мошин чикоре мекарданд. Ин тӯҳмат нест, чунки ин воқеъаро агенти «нанимат кардаги» ба ман нақл кард. Баъди ин воқеа бача занашро сур накард, талоқ надод. Ронандаро пеш кард, мошинашро фурӯхта, мошини фасонтар харид барои занаш.То ҳол зиндагӣ доранд. Даюси беномус!Як писари дигараш Дубай истироҳат меравад.Ҳамроҳ бо оила.Хизматгори нигоҳубини кӯдакҳоро ҳам мебаранд.Хуб ходиме,ки назорати кӯдакҳо бар ӯҳдааш ҳаст,бигзор биравад, аммо чаро ронандаашро дубай мебурда бошад?Шояд мисли ҳамон кали Фаттоҳ (Фаттоҳ Саид) ҳамроҳаш  “масажист» мебурда бошад?

Солҳои пеш  ин оила МДО (Микро депозитная организация) дошт. Номаш “ДИСИ-инвеcт” буд. То соли агар хатто накунам 2018 фаъолият мекард. Баъд маҳкам шуд. Ин ташкилот он вақт як “футзальный клуб”-ро сармоягузорӣ мекард. Номи клуб низ бо номи ташкилот ягона буд. Барои ин клуб манежи крытый, яъне болопӯшида сохта буданд. Вай дар тарафи  46 микрорайон мебошад. Мо дар оянда аниқ мекунем,ки ҳоло ҳам дар дасти ҳамин оила аст ва ё фурӯхтаанд онро. Аз рӯи маълумоти пайдо кардаи мо тавассути ҳамин “бонкчаи хурд” маблағҳои аз роҳи дуздиву ришва ва даромад аз тиҷораташонро ба суратҳисобҳои оффшории хориҷӣ интиқол медодаанд. Тибқи маълумоти тасдиқношуда ин маблағ аз 50 млн.$. боло  будааст.

Шумораи дачаҳои Нусратулло Давлатзода дар Варзоб, Ромит ва Қайроқумро ҳам дар барномаҳои баъдӣ мушаххас карда бо аксҳо дарҷ хоҳем кард.

Охирон  қисса

Нусратулло Давлатзода то соли 2009 муовини вазири андоз буд. Он вақт писари худро (Иззатулло ) бо духтари раиси худ, вазири онвақтаи андоз  -Тошпулод Рабиев  оиладор мекунад. Баъд аз чанд моҳе Рабиевро аз кор гирифтанд. Нусратулло ба ҷои ӯ меояд.   Рабиев аз қудояш сахт хафа мешавад. Ба як рафиқаш мегӯяд, ки “духтарамро гирифт, боз як шатта дар кунам зада вазифаи маро ҳам гирифт”.

Дар бораи дороиҳои Давлатзода дар зодгоҳаш дар Темурмалик дар оянда хоҳем гуфт. Онҷо садҳо гектар замин, боғ, хонаву кӯшкҳои бешумор, мошинҳои махсус барои гаштан дар музофотро барои баъд мегузорем. Аммо як чизи дигар:- тамоми тарабхонаҳое,ки дар Хуҷанду Душанбеву Қӯрғонтеппа  бо номи  ЛАЗЗАТ  кор мекунанд аз они ҳамин оила мебошанд.

Ба наздики ин оила як ошхонаи гизалла, вокеъ дар маҳаллаи  яккачинор (собик ресторане, ки соат дорад, Русский Баня бафикрм ном дошт) ҳамон ҳам аз ин оила шуд.

Поёни бахши аввал,идома дорад…

Ps:   “Ислоҳ.нет” дар камин ва наззорагари ин наҳангҳои бузург ва ғоратгарони моликияти давлату миллат мебошад. То тамоми амалҳои паси пардагии ин ғоратгаронро ифшо созад. Инчунин аз ҳар корманди бо шарафи кумитаи “Андоз” ва ё ҳар шаҳрванде дар мавриди ин “Империя” сохтаи Давлатзода дошта бошед,марҳамат ба мо онҳоро фиристед,то аз он маълумоти шумо мардум огоҳи пайдо намоянд. Бо ҳам решаи коррупсияро аз кишвари худ бар мечинем ва  буҷаи давлати худро бой ва мардуми кишварро аз мушкилоти иҷтимоъӣ ва фақру тангдастӣ наҷот медиҳем.

Сообщение Раиси кумитаи “Андоз”- «андоз»ро ба кисаи худ «наандоз»! появились сначала на ISLOH.net.