Архивы Олмон - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 365
Деваштич, Ваҳдат, Ғафуров, Душанбе ва Берлин.

Дар номаи Деваштич аз сардори Шуъбаи корҳои дохилии ин ноҳия шикоят шудааст, ки милисахонаро ба макони айшу ишрати худ табдил  кардааст.

Як нафар аз дараи Ромити Ваҳдат нома фиристода аз тасарруфи ин дара ва маконҳои хушбоду ҳавои истироҳатбоби он аз тарафи оили Раҳмонов навиштааст. Муаллиф мегӯяд, ки номаашро баъди тамошои «Семейканюс»-и охир  навиштааст.

Муаллифи номаи омада аз ноҳияи Ғафуров дар бораи зиёду барзиёд ҳисоб кардани счетчикҳои биллингӣ навиштааст. Ин муаллиф ҳам дар тақвияти як матлаби чанд рӯзи пеши «Ислоҳ» номаашро равон кардааст.

Аз Душанбе дар бораи мушкилоти муштариҳои бонки Душанбе ситии Авестогруппи Рустами Эмомалӣ навиштаанд. Нависандаи нома аз мардум даъват кардааст, ки минбаъд ҳамкорӣ бо ин бонкро қатъ кунанд ва далел овардааст, ки аз ҳисоби муштариҳо маблағ нопадид шудааст.

Дар номаи омада аз Берлин бошад дар бораи эҷоди мушкилоти сунъӣ аз тарафи Сомонайри Ҳасан Асадуллозода шикоят шудааст. Низ дар бораи он сухан меравад, ки чи гуна ҷавонҳо қабл аз омадан ба Ватан риши худро дар ҳаммоми фурудгоҳ метарошанд.

Деваштич

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз ноҳияи Деваштич, собиқ Ғончӣ ин номаро барои шумо ирсол менамоям.

Мехоҳам ба шумо нисбати сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Аҳмадзода Қобил Шуҳрат маълумот пешниход намоям.

Маълум аст ки Аҳмадзода Қобил ба вазифаи сардори шуъба аз тарафи роҳбарияти ВКД таъин карда шуд. Ин нафар баъди ба вазифа омаданаш тағйирот дар милитсияи ноҳияро сар кард. Аҳмадзода Қобил зодаи шаҳри Хуҷанд мебошад ва як инсони ҳавобаланд ва дағалгуфтор аст. Вай дар шӯъба ба фурӯши вазифаҳо сар кард. Ба вазифаи сардори шуъбачаҳо одамони ба худ наздикро овард. Гӯё ротатсияро дар байни ҳайати шахсӣ ҷорӣ намуда маблағи пулиро аз ҳайати шахсӣ ситонидан гирифт. Бисёр шахси чашмгурусна мебошад. Маълум гардид, ки чунин усули корро ин сардор аз падараш омухта будааст. Падараш низ ба ягон вазифаи нав равад ба баҳонаи ротатсия маблағи ба вазифа додаашро аз байни ҳайати шахсӣ мебаровардааст.
Падараш Анварзода Шуҳрат айни ҳол сардори шуъбаи милитсия дар шаҳри Исфара мебошад. Вале баъдан фаҳмидем, ки вай падараш набудааст, балки падарандараш будааст ва модари Аҳмадзода Қобил аз шавҳараш ҷудо шуда, бо Анварзода Шухрат оила барпо намуда будааст ва Аҳмадзода Қобил аз ному насаби падари худаш баромада ба ному насаби падарандараш гузашта уро падар мегуфтааст. Аҷабо, ин чи тавр дунё шуд, ки марди бегонаро падар гӯӣ ва аз ному насаби падари аслият даст кашиву ба ному насаби падарандарат гузарӣ.
Аз маълумотҳои гирифтаамон Аҳмадзода Қобил дар ҳуҷраи кориаш машруботи спиртӣ истеъмол ва бо духтарони ноболиғ алоқаи ҷинсӣ мекунад. Аммо аз ҳолу ҳавои оилаи худаш бехабар аст ки вақте ин дар Деваштич машғули айшу ишрат аст дар шаҳри Хуҷанд бо дӯстонаш айшу ишрат дорад. Беҳуда намегӯянд, ки дари касро куфтӣ, дари туро низ ба шатта мезананд:

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

Чанд маълумотҳои ҷолиб аз хонаводааш расидааст,ки онро мегузорем ба номаҳои баъдӣ.

Мегӯянд, ки ин Аҳмадзода Қобил дар вақташ бояд сардори шуъбаи милитсияи шаҳри Хуҷанд мешудааст ва маблағи калон дода будааст. Аммо пулашро гирифта ба ноҳияи Деваштич мемонанд. Айни ҳол Қобил Аҳмадзода ба вазифаи сардори шуъбаи милитсияи 2 дар шаҳри Хуҷанд талош карда истода будааст. Тибқи маълумотҳои расида ба ин вазифа писари генерал -майор Иброҳимзода Нозим  муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозимзода Аҳлиддин низ «зада» истода будааст. Аҳмадзода Қобил мехостааст, ки Нозимзода Аҳлиддин онҷоро нагирад, чунки ба ҳам хусумат доштаанд. Дар вақташ Иброҳимзода Нозим бо модари Аҳмадзода Қобил «гашту гузор» намуда будааст, яъне маъшуқааш будааст. Э, кошки аз макони мо мерафту соф мешудем.
Падарандари Аҳмадзода Қобил, сардори ШВКДи Девштич Анварзода Шуҳрат, сардори ШВКД Исфара- 1 мебошад.

Ваҳдат

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Барномаи хуби «Семейкнюс»№29-ро кайф карда тамошо кардем. Дар бораи дараи зебомнзари Ромит ва ҳавзҳои моҳиву кони навкашфшудаи тилло дар ин минтақаи куҳистонӣ гуфтед, ки чи гуна бо масрафи миллионҳои доллари бюҷет ин ҳама боигариҳоро Раҳмонов ба зану духтару бачааш тӯҳфа мекунад.

Бародар, ҳоло шумо чизе нагуфтаед. Ин оила дараи Ромитро аз они худ кард гӯем хато намешавад, ки дар ин бора дар барномҳои оянда хоҳам навишт.

Аммо ҳоло чанд чизи дигарро мегӯям.

Чанд сол пеш бо як мӯсафед дар як ҷо шиштам. Он вақтҳо барои Роғун саҳмия ҷамъ мекарданд. Мӯсафедро гуфтам бобо Роғун соз мешаваду светҳоямон 24 соат мешавад, аз ранҷу азоби бебарқиву торикӣ халос мешавем.

Ӯ хандид ва гуфт: «бачам агар 100 Роғун соз шава света мардуми Тоҷикистон намебина». Гуфт: «и авлоди ҳаром сахт аз ислом метарса ва ман хавф аз он дорам, ки масҷидора, ҳиҷоба нагиран созай». Ман ба ин гапи вай хандидабудам.

Гуфт: «бачам то ин ки мову шумо мардуми Тоҷикистон сарҷамъ набошем, ино лубой кора мекнан. Агар 97 Тоҷикистон, ки куҳай ҳамаш тилло боша, ин оила  сер намекунан, бо ай мардуми Тоҷикистон мехуран».

Гуфт: «и авлоди ҳаром имон надорад. Аз касе тарс, ки ӯ аз Аллоҳ наметарсад. Битарс аз касе, ки натарсад аз Худо.

Мусафед гуфт «и барои ба қудрат расидан чанқа хуни мардуми Тоҷикистона резонд, то и дар қудрат ҳастаӣ бо мерезона».

Эй, мардуми азизу меҳрубони Тоҷикистон. Биёед ба гуфти Аллоҳ вазифаи имон дориро иҷро кунем. Дар пешгоҳи Худованд чи ҷавоб медиҳем? Ман миллатчӣ нестам. Вале ба худо қасам чем аз бе номус мурдан ба номус мурам он хуб аст. Ин Раҳмонову авлоди вай ба ҳеҷ кас раҳм накарда буд ва намекунад.

То онҷое аз дӯстонам шунидам он гӯристоне, ки дар Душанбе хезонда истодаанд дар онҷо дом мешудааст.

Дар иди Қурбон ҳаминсола нишаста будем. Як амниятии корманди СС.Ятимов   гуфт: «инҳо ҳоло сар намекунанд, фикри мардумро мебинанд. Мардуми Тоҷикистон нахезад, боз аз ин бадтар мешаванд, уже хеле заминҳоро фурухтанд».Тавба, ҳатто амниятҳо безор шудаанд аз ин авлод.

Даже мурдаҳои одамҳоро канданд. Амниятиҳо ба соҳибонашон таъкид кардаанд, ки «да ягон ҷо гап мезанӣ, да ҷойи ҳами мурда хоб мерӣ бо авлодут.

Супориши ай болоҳай». Боло кӣ аст? Боло ҳамин авлод аст, дигар кӣ аст боло?

Гуфт пул диҳӣ ин авлоди касиф «занша метия, даже ҳайкали Сомонира мекана». Гуфт ба инҳо гуфт пул деҳ, тамом-дин, ислом, мулло, масҷид, қабристон ва мардум ҳеҷ арзиш надорад.

Абдуллои русурхак Пешвои миллат гуфта гаштааст.

Ҳамин амниятӣ дар бораи пиряхҳо гуфт. Ва гуфт, ки Абдуллои русурхак гуфтааст бо шарофати пешво 30- 40 соли дигар пиряхҳо меистанд.

Ин амниятиҳо баъди рафтани русурхак байни худашон хандиданд . Гуфтанд, ки «и русурхак кати пешво илми ҷодурагира медонистиян ё халаделник бурдиян да пиряхҳои Тоҷикистон мондиян»

Ба худо қасам як хона одам фақат хандиданд. Лекин намозашро ҳамроҳамон хонд, пешин буд пеш даромад дар намоз. Ҳамакаса дар ҳақи ин авлоди ҳаром дуои бад кардем. Қасам хурд, ки «ма ай дидори и авлоди ҳаром безорм». Мегӯяд, ки  70 % тюрмаҳои Тоҷикистон бе гуноҳай статияи 307.

Мардуми маҳаллаи Ҳаёти навро хезонда истодаанд. Онҷо дом мебардоштаанд. Як нафар, ки дар ҷойи Исмати дулик дар аэропорт раис шуд, ҳамон домҳоро мебардорад гуфт ( Зайнулло Шарифзода) ».

Дар ин Ҳукумати Тоҷикистон ягон ниҳоду сохтори боимон нест.

Буқача, СС-махуф, Дастгоҳ, ГАИҳо, бемористонҳо, лесхоз, садик, мактаб, Прокуратура, бонкҳо, бозорҳо, домсозҳо ҳамааш дар хизмати ҳамин оила аст.

Началник отдели Тангаӣ як духтарро зино карда буд, ки дар ин бора радиои Озодӣ гуфт. Амо вай пулро доду вазифаи баланд рафт, ҳамшаҳрии Раҳмонов, аз Данғара буд.

Аммо инҳо бояд бидонанд, ки дар пеши Аллоҳ ҷавоб медиҳанд. Ин авлоди касофат ва мақомоташ болои мардум беҳад зулм карда истодаанд.

Дар ҳамон кони тиллое, ки дар Ромит ба Фарзона, духтари кенҷагиаш тӯҳфа кард, дар онҷо боз кони оҳак, алибастер, як маъдани дигар, ки барои электромобил истифода мешавад, онҳо ҳам будаанд.

Фоидаи ин конҳо ба мардуми Тоҷикистон набуд ва намешавад.

Мардуми Тоҷикистон фикр мекунанд, ки толко Душанбе дар азоб аст. Мо дар қишлоқ роҳат дорем. Не, ба Худо қасам, ки ҳама ҷои Тоҷикистон дар азоб аст. Дар Тоҷикистон фақат ҳамин оилаи касофат тамоми боигарӣ ва сарватҳои зери заминиро соҳиб шудааст.

Бобоҷон Ғафуров

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бароятон менависам. Ончиро, ки мехостам бинависам як рафиқ дар Фесбук ва худи шумо ба таври муфассал ва бо далелҳои инкорнопазир дар матлаби «Биллинг ё ғорати Рустами Эмомалӣ? Счётчикҳое, ки ҳатто хонаи холиро қарздор мекунанд» аз 30 май (https://isloh.net/22653/billing-yo-ғorati-rustami-emomalӣ-schyotchikҳoe-ki-ҳatto-honai-holiro-қarzdor-mekunand ) навиштаед, ки бароятон сад бор ташаккур мегӯям. Чунки дарди дили тамоми мардуми Тоҷикистонро навиштед. Ман аз ноҳияи Ғафуров, аз ҷамоати Хистеварз (Қистакуз) аз кӯчаи Санъат менависам. Дар ин кӯчаи мо маблағи қувваи барқро ба пули нақд мегиранд.

Гап дар бораи он меравад, ки ба мо пештар рақами коди ғайринақдиро дода буданд. Чанд маротиба пул гузаронидем, аммо ҳоло гуфта истодаанд, ки пул нагузаштааст.

Чизи дигар ин аст ки светавойи мо, назоратчии қувви барқ пулро аз қувваи истифодашуда зиёд мегирад, муносибаташ ҳам дағалона аст.

Мо-25 оила барои беҳтар гардидани таъминоти қувваи барқ трансформатор харидем. Лекин фасли зимистон дар хонаи мо қувваи барқ тезтез канда мешуд. Ҳамсояҳо мегӯянд, ки рубилники 3 хонавода, қувваи кам дорад. Оё ҳамин масъалаҳо ҳалли худро меёфта бошад?

Аммо  як нафари огоҳ аз ин масъал гуфт, ки дар  се хат сим ба ҳар як сими он бояд 8 нафар пайваст шавад, ки он вақт баробарӣ мешавад. Зиёд гирифтан пули барқ чи сире дорад, ки баъдтар маълум мешавад. Масалан вақте нозири барқ иваз мешавад, мебинад, ки қарзи шумо зиёд монда аст. Аз сабаби доим зиёд гирифтан дигар шумо ҳисобу китоб ҳам карда наметавонед, ки аслан чӣ қадар кор кардааст он ҳисобкунаки барқӣ.

Бародар Муҳаммадиқбол вазъу ҳоли мо ана ҳамин тавр аст.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Рости гап мехостам як каме пештар бинависам. Чунки ин бонки Душанбе сити мардумро беҳад проблема карда истодааст.

Ба назарам ин бонки герчики Рустам муфлис шудааст. Мардум саргардон, банкоматҳо холӣ. Боз аз 5000 сомонӣ протсент мондаанд, боз ин гуна  проблема пайдо кардааст Душанбе сити.

Як муштарии ин бонк ошкоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ карда гуфта истодааст, ки дигар бо ин банк ҳамкорӣ накунанд.

Душанбе сити фикр мекунам, ки банкрот шудааст. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба мардум бирасонед, ки аз истифодаи ин бонк покиза даст кашанд. Чунки ба фиребу ғорати мардум гузаштааст:

«Бародарони азиз як чизро ба самъатон расониданиам, ки  дар Душанбе-сити маблағи калон намонед. Ман барои фоидаи худатон мегӯям. Аз они маро шаб тарафи Узбекистон  взломат кардаанд 5350 сомониамро. Узбекистон перевод кардагианд. Бародарҳои азиз суми калон намонед дар Душанбе-сити, ки ана ҳамин хел проблема шуда истодааст. Агар тавонед вообше дигар Душанбе сити истифода набаред. Ҳамин гапи маро ба дигар бародарҳо ҳам равон кунед, ки сумҳояшонро аз ин бонк сари вақт бигиранд, то сумҳояшон гум нашавад».

Як нафари дигар мегӯяд, ки 70000 сомониашро дар ин бонк дуздиданд.

Аҷаб аст ки ғорати буҷаи кишвар, ғорати мардум бо баҳонаи таъмири мактбаҳо ва ғайра кам буд, ки Акнун аз кортҳои мардум ғорат карданро шурӯъ кардаанд! Оилаи гурусна! Аз картаҳои Душанбе сити даст кашед. Пулҳоятон дар бонки Душанбе сити амният надорад. Ин бонки Рустами Эмомалӣ аст.

Эҳтиёт шавед мардум!

Берлин

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ин номаро аз шаҳри Берлин мефиристам. Ин навиштаи ман дар асоси навиштаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла фесбук аст. Тибқи навиштаҳо ахиран як ширкати ҳавопаймоии Туркӣ пайдо шуд, ки бо нархи дастрас ва арзон аз Аврупо ба Тоҷикистон ва баракс мусофирҳоро мебурд бо номи Пегасус. Мегӯянд, ки даже дар booking билетро харидаанд. Ин ширкат ба эҳтимоли зиёд бизнеси ин оилаи касофатро зад ё чи коре кард, ки ин оила “конкуренсия”-ро бой надиҳем гуфта помехаш дод. Аз рӯи маълумотҳо ин корро Ҳасан Асадуллозодаи додарарӯси гарданбалонигазӣ тавассути Зайнулло Соҳибов, раиси фурудгоҳи Душанбе кардааст. Ва ба ин ширкат отказ додааст. Мардуми мусофир маҷбур шудаанд ба Сомонайри бемаънӣ ва бо нархи Дубай тикет бихаранд. Дар ҳақиқат мардум дуруст мушоҳида кардаан ва мегӯянд, ки ино сершавӣ надоран, қавми яъҷуҷу маъҷуҷ муҳоҷирони Аврупо, Олмонро рӯз надоданд.

Ин лаънатиҳо ягон касро ход намедиҳанд. Аз Олмон як қирғизи ошноям «туда обратно» парид -500 евро дар тобистон. Аммо ин Сомонайр, ки ягончи надорад, даже ранги Туркиш аэрланс ягон телевизор ё ягон хуроки нормално надора вале нархаш дар осмон. Барои  як одам туда обратно 9-10000  сомонӣ, ҳатто зиёд. Боз дар июл август мумкин то 15-16000 сомонӣ шавад.

Инҷо навиштаҳои чанд нафарро аз фесбук меоварам. Нафари корбре бо номи «Смисл жизн» навиштааст, ки «э,мардуми тоҷик аз 50-90 евро мегурезем, аз ширкатҳое, ки ягон эътибор надоранд чипта мехарем ва такрор ба такрор ба ҳамин хел мушкилиҳо дучор мешавем, камтар қиматтар харему ва бо дили пур парвоз кунем. Мо ҳаррӯз ба ватан парвоз намекунем, охир. 1-2 бор дар сол наход, ки 50-90 евро аз ҷон азизтар шуда бошад.

Аммо нафари дигар навиштааст, ки «Саидова Дилшода, гуфтаҳотонро дастгирӣ мекунам. На кам аз 500 евро барои як нафар сарф кардем -моҳи март 2026. Ҳол онки мо оилавӣ парвоз кардем. «Сомонайр» тамоман намеарзад барои чиптаи 423 еврояаш, на аз тарафи қимати нархи чиптааш ва на аз ҷониби хизматрасониаш. Барои ҳамин бештари одамон тариқи дигар ҳавопаймоҳо ба ватан ва аз ватан масалан тариқи Узбекистон парвоз доранд, чунки чипта 211 евро қимат дошт. (шарқ қанот)

Бародар Муҳаммадиқбол. Чанд рӯзипеш ин сафири лаънаткардаи Раҳмонов дар Олмн Имомуддин Сатторӣ шаҳри Оснабрюки рафтааст. Ҳама бачаҳои ришдор дар давлати демократӣ аз тарс ришҳояшонро қоқоқоқ тарошиданд, ки боз сафир ҷангашон накунад. Ҳама дар ҳолашон хандида истодаанд. Бародари азиз!

Як бор аэропорти Мюнхен равед ҳоли бечораҳоро дар аэропорт бинед, ки чи гуна ба «ватани биҳишти рӯи замин рафта истодаанд».

Дар ҳамомҳои ин фурудгоҳ ҳамаи тоҷикҳо аз тарс ришҳоро бо хаф ва бе ягон крем, қоқоқоқ тарошида истодаанд. Боз мегӯянд хубаш тоҷикӣ гап назанед, ки обрӯи набудгиамон мерезад.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 365 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№312
Чаҳор нома аз дохил ва хориҷи кишвар, аз Олмон, аз Рӯдакӣ, аз Душанбе ва аз Волгоград муҳтавои ин шумораи барномаамонро ташкил дод.

Муаллифи нома аз Олмон, ки шаҳри иқоматашро зикр накардааст дар бораи як нафаре навиштааст, ки ҳам дар блоки мухолифин ва ҳам дар сафорати Тоҷикистон дар Олмон ӯро хуб мешинохтаанд. Чунки вай ҳамаро дар гирди ангуштонаш чарх мезанонад. Албатта мо ҳам аз чандсол пеш дар мавридаш сӯҳбат карда будему рӯзҳои охир низ борҳо дар мавридаш гуфтем. Дар нома беҳтар ӯро мешиносед.

Сокини ноҳияи Рудакӣ аз афера ва махинатсияҳои коргарони барқ навиштааст. Муаллиф мегӯяд, ки ин кормандон бо ҳазору як ҳилла мардумро фиреб дода пули барзиёд мегиранд.

Аз Душанбе нафаре дар бораи порахӯрии устодони як донишгоҳе навиштааст, ки худи ӯ соли гузашта онҷо таҳсил мекард ва шахсан ба омӯзгорони он муассиса пора додааст.

Ҳамкори доимии мо аз Волгоград ин бор низ баъди мурури сайтҳои нашрияҳои чопи Душанбе матлаберо дар робита ба мушкилоти рақами 1-имрӯза, ки дар сартосари кишвар идома дорад ва ҳукумат ва шахсан Раҳмоновро дар назари мардум аз пештара бештар шумрӯ кардааст, яъне лимити бесобиқаи неруи барқ фиристода ва дар оғоз ва анҷоми он фикру мулоҳизоти хешро баён кардааст:

Олмон

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Инак ҳикояти кисадузди муҳоҷирон дар Олмон.

Шояд вақташ бошад маълумоте, ки пешам расида аст нисбат ба паразите ба ном Давлатов Фируз бо шумо дар миён гузорам, чун ин фард ҳамчун як вирусе миёни ҷомеъа мунташир шуда аст. Ин фард истиқоматкунандаи 62 мкр, писари як фарди низомӣ дар вазорати корҳои дохила мебошад. Баъди хатми мактаби миёнаи рақами 76 ш. Душанбе ба Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат дохил шуда онҷо таҳсил мекунад. Дар авоили таҳсил бо БОДИБИЛДИНГ- бадан дар намоишгузорӣ машғул шуда бо ин кор ба Ҳабиб     ( гурӯҳи Фарзин ) хуш меояд ва бо он робита барқарор мекунад ва низ бо Талабшои барандаи ТВ Сафина, ки алъон дар Амрико аст. Чунончи манбаъ мегуяд ӯ як инсони табиатан аз мардҳо хушаш меомадаги мебошад. Даврони авҷ гирифтани гурӯҳи Салафия ва таблиғиҳо, дар дил ҳавои салафия ва муҷоҳидиро мепарварад. Атрофиён ва ҳамсабақонашро низ бо ин афкор мубтало карда барои амали сохтани ин ормонҳояш ба Қафқоз меравад. Дар онҷо бо гурӯҳҳои муташадид ҳамроҳ шуда ҳамкорӣ мекунад, то ҷое ки фарзанди калониаш «Абдуллоҳро» Шамил ва духтарчаашро бо лақаби Суришка яне лақабҳои ҳамон муташадидонро мемонад. Вақте ҳукумати Рамзан Қодиров муборизаро бо афроди ҷангалнишин сахттар мекунад фазо барои ин почталиён ( ки кораш дачка ва мавод барои ҷангал будагон буд) тангтар мешавад, роҳи гурез гирифта тарафи Аврупо мегурезад ва аз тариқи Лаҳистон бо талаби паноҳандагӣ вориди Аврупо шуда пасон ба Олмон медарояд. Худ ва ҳамсараш Ҷононаро паноҳандаи сиёсӣ месупорад, ки баъдҳо статусашро баъди хатми аусбилдунги ороишгар иваз мекунад. Аз Олмон истода ба афроди дар Тоҷикистон буда роҳнамоӣ карда, аз тариқи радио Зело кор гирифта мардумро даъват ба «давлати исломӣ»  Сурияи имрӯза менамояд, ва роҳро барои афроди ҷангҷу нақша кашида ба ҷанги Сурия мефиристад, то ҷое, ки ашки модари Бобоҷон то имрӯз мечакад бо ҳасрати ин ки писарашро маҳз ҳамин Фируз ба дом афтонда ба Сурия фиристод. Рафиқоне, ки фиреби инро хурдаанд кам нестанд. Баъди гузашти замон ва мавриди таъқиб қарор гирифтани рафиқонаш ва паси панҷара кашондани баъзе аз онҳо дар Тоҷикистон, фикри фирори наздиконашро мекунад , ки дар натиҷа падару модар ва бародару хушдоману холаашро ба Олмон меорад, ки баъдҳо падараш аз авзоъи лагерҳои Олмон шикоят карда, ки ин ҳаёти сагӣ ҳаст гӯён Олмонро ҳамроҳ бо ҳамсараш тарк мекунад. Фируз чун дар дил «АМИР»  шуданро мепарварид рафиқон ва наздиконашро ҳар чанд вақт гирдиҳам мехонд ва бо онҳо барномаҳои кумак нисбат ба хонадони афроди дар ҷанг кушташуда пул ҷамъоварӣ мекард ва гоҳ ба Қафқоз гоҳ ба Сурия мефиристод. Ин то он ҳад бадсиришт аст ки боре чашм ба зани рафиқеаш бо тахаллуси » Абумусъаб»,ки дар ҷанг кушта мешавад андохта мехоҳад ӯро аз лагерҳои Сурия бар ивази пул харидорӣ карда ба наздаш барои зан кардан оварад. Манбаъ мегуяд бо он зан дар Узбекистон вохурда аст.

Вазъият дар Сурия рӯ ба беҳбуди меоварад. Ин чун як табиат ва иродаи устувор надорад ва ҳамеша кӯшиш мекунад мухолифи як ҷамъ бошад миёни атрофиёнаш баҳсҳои шиъаву суниро бештар ба роҳ медарорад ва пуштибони аз ОЛИБАЙТ гӯён мекунад, ки дар натиҷа рӯ ба далоили шиъа оварда аз аҳли суннат эрод мегирад, ки чигуна мешавад паёмбар ҳамсари хурдсоле дошта бошад, чи гуна метавонад росто пешоб кунад. Ин мубоҳисаҳо то ҷое идома пайдо мекунад, ки дар натиҷаи пурсуҷӯ ва шунидани баҳсҳои зиёде миёни шиъаву сунӣ мерасад ба Камол ном як узбекзабон ва Одил. Ин ду нафар мункирони ҳадисҳои паёмбар ва нафспараст, ки худояшон маҳз ҳамон шаҳвату хостаҳояшон ҳаст бар ин фард хуш меояд ва рӯи афкораш таъсир гузошта фикру ақидаи Фирузро ба шаҳватпарастӣ, ки ҳеҷ марз ва ҳудуде надорад, барои мисол намози мехондаи мо, рӯзаи мегирифтаи мо, ҳатто издивоҷ- ақди никоҳ ин корҳое аст ки ба розигии ду тараф анҷом мешавад ҳеҷ аслу санаде назди ин разил надорад. Яъне ҳар куҷо писар ва духтаре бо ҳам розӣ бошад метавонанд бо ҳам наздикӣ дошта бошанд. Ин дини шаҳватпарастӣ бар ин хуш меояд ва фикру ақидаашро иваз мекунанд. Баъди иваз шудани дидгоҳаш атрофиёнаш инро радди маърака мекунанд, мемонад худаш ва чанде аз ҳамсоягонаш, ки баъдҳо бо саҳначасозӣ дар Ютуб корро оғоз мекунад бо ин фикру ақида бад-ин тарз рӯи фазои маҷозӣ авалин бор бо чеҳраи худ зуҳур мекунад.

Баъд, баъдҳо аз танҳоӣ рӯ ба афроди дар сафорат буда меорад ва нафареро пайдо мекунад ба ном С…. бо у маслиҳатҳои фурӯши паспортро мекунад. Оҳиста -оҳиста бо воситаи вай номи худро месанҷад дар листи сиёҳ ҳаст ё не? Баъдҳо бо мувофиқа ва ҳамоҳангӣ бо сафорат ба Тоҷикистон меравад. Онҷо хуб гушмол шуда бар мегардад ва ба паспорт фурӯшӣ маъруф мешавад. Аз маблағи ин кор аввалин хонаашро дар назди Қараболо мехарад ва бо зане гуё шинос шуда хонаро ба он зан ба иҷора мемонад, ки баъдҳо » гуё » маълум мешавад, ки ин зани яке аз рафиқони пулдораш ба номи А буда аст. Барои номуси он мардро ҳифз кардан шояд лозим набошад номашро зикр кардан, аммо донад, ки маҳз ҳамин ҳаромӣ ин маълумотро ошкор карда аст чунин мегуяд манбаъ. Манбаъ мегӯяд ин танҳо пешгуфтор дар бораи Фируз буд.

Аммо марҳилаҳои баъдӣ метавонад наворҳо ва садоҳое бошад, ки дар он Фируз Давлатов ошкоро душмании худро бар алайҳи Раҳмонов ва ҳукумати кунунӣ дар онҷо анҷом дода аст.  Инҷо ёдам омад барои бори аввал чун номашро гирифта будед давон давон назди Кабирӣ рафт ва хост қазияро хомуш кунад. Хулоса як махлуқе, ки ҳама ҳизбу ҳаракатҳо бо ин фард як аст. Бад-ин лиҳоз ҳукумат аз ин Отаи Садбарг хуб истифода мекунад.

Дар масъалаи ҳамсари ҷавони Покистон хонда машҳур ба лақаби Мавлавӣ маҳз ҳамин сабаб мешавад ва ӯро аз занаш ҷудо мекунад ва бо узбекбачае ба издивоҷ медарорад ки баъдҳо он узбекбача мефаҳмад, ки занаш, ки тоза дар ақди никоҳаш дароварда буд бо Фируз пасипарда дар робита аст. Фируз мехостааст бо воситаи ин зан номи баъзе аз диндоронро сиёҳ намояд, минҷумла шавҳари қаблиашро ҳол ки бо лақаби Мавлавӣ машҳур аст .

Аз иртибот ва дар домони баъзе афрод буданаш ва …шояд баъдҳо ёдрас шавем.  Хулоса ҳеҷ сурохие намонда аст ки ин мори Заҳҳок сар назада бошад.

Дар охир муроҷиати манбаъ ба ГОВҲОИ ҷушо ва ХАРОНИ боркаш ва САГҲОИ фармонбардор. Барои шинохти чеҳраи аслии ин Хамелион кофист рӯи ХАСИС буданаш ва дар корҳое, ки масъулият дорад аҳамият диҳед, пушт холӣ мекунад ва дигаронро ПЕЧКА мекунад. Ибтидо ҳамаи ин моркаллаҳо худ паноҳандаи сиёси буданд ба баҳонаи ин ки сафорат кейси шаҳрвандонро ба ивази паспорти хориҷӣ талаб дорад гуён афроди аввалиндараҷаро Фируз Давлатов ба ҳамин шакл муттаҳам сохт: чи Парвиз бошад, чи Маҳмуд бошад. Ҳатто як хатари дигар миёни паноҳандагони сиёсӣ маҳз ҳамин Сайди пуля аст ки паспорти сиёсӣ дорад. Аммо чун лаҷомашро Фируз дар дасти консул дода аст мисли дигаронаш муттаҳам дар ҳар чорабинӣ давон давон меравад. Дигар ин ки дар ҳар ҳолати натиҷаи хуби кор он корро маҳсули кори худ вонамуд мекунад. Худро наздиктарин шахс ба Шоҳрух Саид миёни ҳама муаррифӣ мекунад ва бо ин шево пули хуб ҳам кор мекунад. Мақомоти Олмонӣ бояд ин қазияро ҷиддӣ бубинанд. Маълумотҳои дигаре,ки аз тарафи мақомоти кишвар барои анҷоми чандин корҳо дар Олмон истифода мешавад бо афроди маъруфи тоҷик дар Олмон иртиботи пинҳонӣ ва барои корҳое омодагӣ мебинанд дар номаҳои баъдӣ маълумот медиҳам.

Бо умеди ояндаи дурахшон ва ошкор шудани афроди зараррасон.

Рӯдакӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман ба шумо аз ноҳияи Рӯдакӣ менависам ва ман аз болои корхонаи обтаъминкунии шаҳраки Сомониён шикоят карданиям. Ин корхона ранги корхонаҳои давлатӣ чанд сол аст ки пули мардумро бо беинсофӣ мехурад. Гуё, ки як туда ҷугиҳо ҷамъ омадаанд дар инҷо.

Аввал инки нархи як куб обро аз нархи як куб оби аз шаҳр гаронтар кардаанд. Барои чӣ ва бо кадом асос?

Баъдан мо солҳои пеш обро бо 400 долларӣ ҷамъ карда  худамон гузарондем. Ин корхона ягон ёрдам накардаст. Баръакс барои иҷозати обгузаронй 1000 доллар аз мо грифтанд. Чанд сол мо обро бе обҳисобкунак истифода бурдем. Як коркуни ҳамин корхона бо номи Садбарг омада аз мо пули обро аз ру́и сари одам ҷамъ карда мебурд. Чанд сол пас мо бо пули худамон счётчик мондем. Баъди ин апаи Садбарг, ки як зани ҷангҷолӣ аст пули обро аз рӯи сари одам ҷамъ карда мерафт. Мо мегуфтем, ки ин счётчик барои чӣ? Ин зан ҳар хел баҳона мекард. Як бор ҳисоб кунем аз рӯи счётчик пули обро чанд карата зиёд гирифтаст. Баъд бо ҷангҷол пули зиёдиро ба моҳҳои пеш ба зур гузарондем. Ин зан агар шумо аз об қарздор бошед дар куча, дар мағоза, дар маршрутка дар байни мардум вағғас карда пули обро талаб мекард, бисёр зани беҳаё аст. Бо пулҳои ғариқонунӣ ва ҳаром ҷамъ кардааш ба ҳаҷ хам рафта омад. Счётчики инҳо ду сол срок дорад, баъд иваз кардан даркор. Ман як бор рафта гуфтам, ки иваз  кунед. Онҳо гуфтанд, ки майлаш, мо худамон одам роҳӣ мекунем шумо рафтан гиред. Ман ба Русия рафтам. Инҳо, як ду моҳ пас омада занамро шумо дар вақташ иваз накардед гуфта ҷарима карданд. Баъзан ягон кормандаш меояд ва мегӯяд, ки шумо аз корхонаи мо 200- 300 сомонӣ қарздор ҳастед, мо чекҳоро нишон медиҳем, ки пул ҳамааш қоидавӣ, супурдагием. Аммо вай бошад мегуяд, ки дар компютер шуморо қарздор навиштагианд, насупоред ҷарима гуфта чанд сомонӣ аз мо мекананд ва ҳар доим ҳуҷҷатҳоро низ кофту ков мекуннад, ки ягон камбудй ёбанд Худо дод боз ҷарима бисупор. Як марди узбекро, ки кадом ҳуҷҷҷаташ вақташ гузаштагӣ будааст, бечораро 900 сомониашро бо таҳдиду фишор канданд.

Мо аз ин корхонаи туҳматкадаи сумканак безори ҷон шудагием. Кай инҳо ҳалол кор мекунанд? Бовар кунед аз омадани ягон коркуни давлат хоҳ аз об, аз КЖКП, хоҳ аз налогу милиса  занҳои мо касали фишори хун шудагианд. Чунки инҳо аксарашон муомилаи хуб надоранд. Фақат дағдаға, воҳима, понт, храпзаниву халос.

Бародар Муҳаммадиқбол! Илтимос номаро нашр кунед, шояд ягон беҳбудӣ шавад!

Душанбе

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари аҳли Ислом ва муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин!
Ман хатмкунандаи ДДМ шуъбаи механика ва математика ҳастам. Ҳамин сол донишгоҳро ба итмом расонидам. Дар бораи фасоду ришваситонии устодони ин донишгоҳ мехоҳам ба шумо бинависам. Чунки ман якчанд муаллиму деканҳои  порахурро медонам, ки то пора нагиранд зачёт ва баҳои экзаменро намемонанд. Ҳатто донишҷуйҳои бо савод ҳам зиёд буданд, ки дарсро бо баҳои арзанда ҷавоб мегуфтанд, аммо ин гуруснаҳо аз давр ба даври дигар мегузаронданд моро, то ки пора диҳем. Шахсан ман ҳам ба дарс тайёр будам ва ҳам пора медодам. Барои он ки аз дигарон қафо намонам маҷбур мешудам. Гоҳ бо воситаи куратор, гоҳ ба воситаи старост-сардори гуруҳамон вақте ба зачёт ё имтиҳон тайёрам мегуфтем ин порахурон барои онки пора бигиранд саводу  дониш мо ба онҳо муҳим набуд. Вале аз мо тавре талаб мекарданд, ки гуё мо донишҷӯ нею доктори илм ё профессор бошем. Як руз тоқат накарда ба яке аз ин порахурҳо гуфтам:-Устод агар ман чени шумо медонистам дар инҷо намеистодам, балки имтиҳон мегирифтам.
Номҳои ин порахурҳоро барои шумо маълум менамоям, ки инҳо мебошанд:
1.Мирзоев Саидаъло, декани факултети мехмат, муаллими информатика. Нархи зачёташ аз 100сомонӣ боло, имтиҳонаш то 400 сомонӣ. Боз китобҳои худашро ба донишҷуён маҷбурӣ мефурӯхт, бо нархи гарон- аз 100 сомонӣ боло.

2.Қодиров муаллими таҳлили математикӣ. Нархи зачёташ аз 200 сомонӣ боло, имтиҳонаш то 100 доллар. Ҳамчунин  муаллимҳо Достиев ва Шарипов ва чандин нафари дигар, ки давомаш зиёд аст. Ҳамаи онҳо нархи худро доранд.

Ҳамаи инҳо донишгоҳро ба бардел ва бозор табдил додаанд. Ин муаллимони номуносибро мо бо гуруҳамон ба коррупция ҳам навистем, вале ягон натиҷа надод.

Бародар, идомаи суҳбати ман тулонӣ аст. Фактҳои ҷолиби зиёдеро дар бораи тарзи таълиму донишомӯзӣ ва устодони порахури ин донишгоҳ медонам, ки баъди нашри ҳамин матлаб навишта ва бо шумо фиристода ҳамкориро идома хоҳам дод.

Волгорад

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Дар номаи пеш фиристодаам матлабро аз сайти газетаи СССР гирифта будам. Он матлаб низ дар бораи ҳамин мавзӯъ-лимити барқ ва даъват ба сабр аз мардум буд. Номаи имрӯза ҳам дар ҳамин мавзӯъ ва аз ҳамин нашрия аст. Аммо дар аввал як чизро гуфтаниам. Вақте Анҷуман ё Ассосиатсияи  блогерон ба дифои мақомоти Тоҷикистон бармехезад маро шубҳа фаро мегирад, ки дар воқеъ сатҳи об ба ҳадде поин омдааст, ки боис бишавад ба аҳолӣ ҳамагӣ се соат свет диҳанд. Ман ҳамеша бо пайвандонам дар ватан дар тамос ҳастам. Онҳо тасдиқ карданд, ки гоҳ рӯзе ҳатто дувуним соат свет доранду тамом. Аммо, мову шумо хуб медонем, ки барои мисол  ду сол се соли пеш лимит то ин дараҷа набуд. 8 соат медиҳем мегуфтанд ақалан панҷ-шаш соат медоданд. Ҳозир 4 соат мегӯянд аммо се соат, дуним соат медиҳанд. Дар ин ду сол ахир чи шуда бошад, ки лимит ин қадар сахттар мешавад? Ҷои панҷ- шаш соат  ду, дуним соат?

Матлаби нашркардаи СССР чунин унвон дорад ва дар он аз одамон даъват шудааст, ки ин як кори табиат аст, касе гунаҳгор нест, бояд сабр пеша кард:

Блэк-аут: кӣ гунаҳкор?

11.12.2025

Медонам, хеле мушкил аст. Ин шабу рӯз Тоҷикистон бар коми буҳрони энержӣ рафтаст. Хонаҳо барқ надоранд, вале агар ҳам доранд, барои чанд соат. Шаҳрҳои бузурги кишвар, амсоли Кӯлобу Бохтару Хуҷанду Ҳисору Турсунзода низ имсол бе барқ монданд. Барои нахустин бор Хуҷанд бе барқ монд. Кӯлоб тӯли 7 соли ахир бебарқиро фаромӯш карда буд. Бохтар низ чун маркази маъмурии вилоят, замони ахир барқи фаровон дошт. Ҳисору Турсунзода, ки мунодии Тоҷикистон барои меҳмонони дуру наздиканду низ шаҳрҳои саноатӣ, бо барқ таъмин буданд. Имрӯз дар ин ҷойҳо ҳам барқ камчин, дефитсит шуд. Пас, чора чист? Сабр! Зеро:

-Сабр калиди ҷумла мушкилист!

Ва инро ман нагуфтаам. Инро Худо мефармояд, ки «ассабру мифтоҳул фараҷ»…

Медонам, ки чун ҳамешагӣ хонанда аз ман гуфтани ҳарфи ҳақро интизор аст. Ва онро, яъне ҳақиқатро мегӯям:

-Имрӯз бар асари хушксолии тулоние, ки омад, мо дигар ягон чорае ҷуз сабр надорем.

Бовар кунед, мардум, ҳар шом, ҳар рӯз, ҳар ҳафта бо ширкати худи Президенти ҶТ, маҷлисҳо бахшида ба ҳамин вазъ баргузор мешаванд. Ҳукумати марказӣ, бе муҳобот, ҳар қатра об, ҳар литр об, ҳар каф обро ҳисобу китоб мекунад. Чунки вазъ воқеан ҳам хатарзост.

Бинед, ки дар Эрону Афғонистон хушксол чӣ қадар зиён овардааст? Дастрасӣ ба хабар бештар шудааст. Ба интернет дароед ва вазъи ҳамсоякишварҳоро хонеду дарк кунед, ки маҳз ба вазъи имрӯза ба миён омада, ЯГОН КАС гунаҳкор нест.

Ҳеч кас садди хушксол шуда наметавонад. Ҳатто пайғамбарони Худо пеши ин наҳс оҷиз буданд. Ёд доред, саргузашти ҳазрати Юсуфро, ки ба Фиръавн таъбири хобашро пешгӯӣ намуд, ки хушксол меояду ба он бояд омодагӣ гирифт? Яъне пайғамбари Худо пешгирӣ накард, зеро наметавонист.

Пайғамбари ислом (с.) низ ҳини хушксол танҳо намоз мегузорид, то борон биборад!!! Ин ба чӣ маъност? Яъне зӯри ҳеҷ кас ҷуз Худо ва табиати Худо бар ҳалли ин моҷаро намерасад. Ёд доред, Саъдии Бузургро, ки мегуфт:

Чунон хушксолӣ омад дар Димишқ,

Ки ёрон фаромӯш карданд ишқ!!!

…Ман ҳамасола Ширкати Барқи Тоҷикро танқид мекардам ва дар оянда низ хоҳам кард, вале агар гуноҳ, иллат, сабаби бебарқӣ онҳо буда бошанд. Имрӯз чунин нест! Ва ман намехоҳам, чун афроде, ки аз зери нохун чирк меҷӯянд, бебарқии фавқро сари Ҳукумат занам.

1 бор андешед, ки чаро Ҳукумат бояд ба мо барқ нафрӯшад? Оре, маҳз надиҳад не, нафурӯшад! Зеро тибқи системаи нави билингии фурӯши барқ, дар ҳолати напардохтани 1 дирам қарз барқамон хомӯш мешавад-ку?!

Яъне мисли солҳои пеш намешавад, барқдуздӣ кард. Пул медиҳӣ – нақд ва барқ мегирӣ – нақд! Зимнан агар хатари воқеӣ сари мо овезон набошад, Ҳукумат барқи боқимондаро ба мо мефурӯшаду кори хирс тамом. Аммо маҳз ба хотири сардиҳои шадиди дар пеш истода, Ҳукумат маҷбур шудааст, ки ин шабу рӯзҳо барқро меъёр, лимит кунад. Ва лимити сахт. Зеро имрӯз агар мо аз барқ фаровон истифода барем, фардо, ки сардиҳо даррасиданд, пушаймон мешавем.

ҲАМДИЁРОНИ АРҶМАНД, ШОЯД ИН СУБҲ ШУМО ҲАМ ЧУНИН ПАЁМАК ГИРИФ­ТЕД?

Паёмаки Шабакаҳои барқи кишвар:

«Мухтарам истифодабарандаи ахоли дорои хисобгираки якфаза (220 В)!

Камшавии резиши об дар дарёхо, ба хаҷми истехсоли энергияи барк таъсир расонидаистодааст. Лутфан аз истифодаи якборагии асбобхои барки (обгармкунакхо, дарзмол, плитахои барки, печҳои барқи ва мошинахои чомашуи) худдори намоед.

Агар истеъмоли энергияи барқи Шумо аз 4 кВт дар як вақт зиёд шавад, интиқоли энергияи барқ барои 30 дакика бо тарики худкор катъ мегардад. Дар хол асбобхои баркиро чудо намуда, истеъмолро кам намоед ва мунтазири баркарорша­вии таъмини энергияи барк шавед.

Ин чорахо муваккати мебошанд, ки ба сарфаи об дар обанборхо мусоидат менамояд.

Барои дарки ин холат сипосгузор мебошем!»

Ҳамкорам, Ҳуриннисо Ализода, басо хуб ин ҳолатро дарёфтаву шарҳ додааст, ки пешкашат мегардад хонанда. Пас аз ироаи матлаби бону Ализода, мехоҳам 1 чиро ман, ту, вай, мо дарк кунем:

– Ин ҳам мегузарад!!!

Бовар кун, хонанда, ин рӯзҳо ҳам мегузаранд ва мо бо сари баланд назди виждону шарафи шаҳрвандии хеш посух хоҳем гуфт, ки Мо Метавонем!

Ҳамдиёрони арҷманд, шояд ин субҳ шумо ҳам чунин паёмак гирифтад?
Биёед, ба ҷиддияти масъала сарфаҳм биравем. Воқеан вазъии баамаломада хеле хатарнок аст. Онро касе ё идорае не, табиат ба миён оварда.
Пас мо бо шуурнокиву ақламон бояд бо ваҳдату оромӣ онро қабул фармоем. Мо аз Худо ё аз табиат зӯртар нестем.
Агар масъулони соҳа роҳи дигаре беҳтар аз ин наёфтанд, пас илоҷ ҳамин аст.
Дар тамоми олам аҳолӣ ба қонунҳо ва фармоишоти муваққатӣ итоат мекунанд, то аз бунбаст бароянд.
Ба «провокаторҳо», ки ихтилоф андохтани мешаванду ҷомеаро ноором кардани ҳастанд, гӯш надиҳед. Ақли солимро кор фармоед. Ин рӯзҳо мегузаранд.
Мебинем, ки табиат (экология) дар ҷаҳон тағйир хӯрда. Мо истисно нестем.
Имрӯз дар муқобили ин кризисҳои табиӣ баръакс сарҷамъу иттифоқ бошем, то ба решаи хеш теша назанем.
Бо идрок ба ин талабот назар созем ва онро риоя кунем. Сахт аст, мушкил аст, вале муваққатист.
Мардуме, ки аз ҷанг бо сулҳ берун шуд, пеши ин хатарҳои табиӣ низ, иншоаллоҳ дастболо хоҳад буд.
Худованд ёру мададгорамон!
Ҳуриннисо Ализода

(Акс ҳам аз муаллиф)

Аз редаксия: Паёмак бо ҳуруфи калон, ки ирсол шуд, мо ҳуруфро хурд кардем.

Дар охир ман чи гуфтаниам. Чаро яку якбора ҳама журналисту нависндаву блогеру олим ба масъалаи барқ ва сабр барои лимит машғул шуд. Инҷо чи гап аст? Магар мардум барои лимит ягон коре карданианд? Тазоҳурот, ба хиёборезӣ, пикет чӣ? Вагарна чаро ин ҳама маъаркаву басиҷ.

Бовар кунед бародар инҳо тиру теғи навиштаҳояшон ба самти шумо ва навиштаҳои Ислоҳ дар бораи фиреби мақомот дар мавриди камбуди об ва лимити маҷбурӣ аст. Лимт агар светро нафурӯшад аз байн меравад. Ҳади ақал камтар фурӯшад, бигзор фақат барои Афғонистон. Аммо имсол ба Узбекистон ва Қирғизистон ҳам фурӯхта истодааст. Барои ҳамин таги думаш, ки тар ҳаст метрасад ва барои ҳамин ин блогеру газетаву дигару дигарҳоро вориди ин маърака кардааст».

Акнун ман савол дорам ба муаллиф, магар шумо вакили дифоъи ин ҳукумат ҳастед? Даҳ миллион аҳолӣ бебарқ монаду сабр пеша кунад? Чаро? Чаро свети мардумро мефурушад? Чаро шумо ин масъаларо матраҳ намекунед, ки вақте худамон надорем чаро ба дигарҳо мефурӯшем? Ҳукумати Толибон барқро барои худаш мехарад ё барои аҳолиаш? Бале. Барои аҳолиаш, то ки берушноӣ ва бегармӣ намонанд. Аммо ҳукумати мо моли мардумро гирифта ба берун медиҳад. Ин дар кадом мантиқ меғунҷад?

Фикр кунам то ин ҳад чоплус, тамаллуқкор ва хокшап будан дуруст нест.

Саломат бошед.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№312 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №293
«Бузҳо, беморхонаҳо, зиндонҳо ва як тоҷик аз Берлин…»

Панҷ нома. Панҷ фарёд. Аз Нуробод, Вахш, Берлин, Рӯдакӣ ва Хуҷанд-панҷ кунҷи Тоҷикистон ва як тоҷик аз Аврупо, ки ҳама як чизро мегӯянд: вақти бедорӣ расидааст.
Ин шумораи 293-юми «Номаҳо аз ноҳияҳо» аст- боз як шоҳиди зиндаи он ки мардум хомӯш нестанд.

Аз Нуробод навиштаанд дар бораи «бузҳо». Бузҳое, ки дигар на чорпо, балки одам шудаанд: бузҳои ба гуноҳ афтода, бузҳои бо пул баромада, бузҳои бо чоплусӣ боло рафта. Ҳар як «буз» мансаб дорад, мошин дорад, аммо виҷдон надорад. Муаллиф менависад:

«Ҳукумате, ки мо дорем, дигар ҳукумати мардум нест -ҳукумати ғорат, зӯргӯӣ ва як хонавода аст. Ба охир наздик аст, оқибати фарзандонатонро андеша кунед.»

Аз Вахш нома расид дар бораи ҷиноятҳои навбатии Қурбони Бех ва Барот, ду бародар, ки ноҳияро ба як амлоки шахсии худ табдил додаанд. Муаллиф мегӯяд:

«Номаи маро на ба Эмомалӣ, балки ба мардуми Тоҷикистон бирасонед. Зеро Эмомалӣ гӯш надорад, вале мардум дилашон бедор мешавад.»

Аз ноҳияи Рӯдакӣ номаи табибон аст-аз одамоне, ки ҷонро наҷот медиҳанд, аммо имрӯз худ дар зери зулм мемиранд.
Онҳо навиштаанд, ки барои «сафари кории Пешво» маҷбуранд 120 ҳазор сомонӣ «гул» ҷамъ кунанд ва ҳар рӯз мисли роҳрӯбу коргари коммуналӣ кӯчаҳоро тоза кунанд.

«Пешво меояд, вале беморон мемиранд,»-менависад яке аз табибон.

Аз Берлин Як табаи тоҷики Афғонистон,ки ҳоло дар Берлин ба сар мебарад бо як пешниҳоде ба тамоми тоҷикҳо рӯ овардааст Ӯ пешниҳод кардааст, ки ҳамаи тоҷикони ҷаҳон барои наҷоти миллат як роҳро пеш бигиранд. Ва «Ислоҳ» ин даъватро ба гӯши ҳар тоҷик мерасонад.

Аз Хуҷанд номаи зиндоние расидааст, ки аз дохили панҷара менависад:

«Дар ин ҷо ҳама мунтазири афв ҳастанд. Вале Раҳмонов танҳо барои худ ва худиҳо  афв дорад-барои мардуми одди не.»

Дар ин шумора, садоҳои пароканда аз деҳаву шаҳрҳо, зиндонҳо ва муҳоҷират ба ҳам мепайванданд.
Мо ҳар ҳафта мебинем, ки ҳақиқатро на рӯзномаҳои давлатӣ, балки номаҳои мардум менависанд.
Шумораи 293- боз як саҳифаи хом, вале оташин дар таърихи як миллатест, ки ҳанӯз менависад…

Нуробод

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домулло Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман барномаҳои шуморо мебинам,мутаассифона аз Нуробод, аз Сафедчашма Самсолиқи собиқ кам менависанд. Вазъият дар умум дар ҳама ҷои кишвари азизамон як аст. Ҳамон зулме дар Ғарм ҳаст, дар Нуробод ҳам ҳаст. Ҳамоне инҷост дар Панҷакент ва Исфараву Восеъу Муминобод ва Ҳисору Шаҳринаву Душанбеву Хуҷанду Бохтару Кулоб ҳам ҳамон аст. Танҳо номҳои бузҳо ва золимон фарқ мекунад.

Мехоҳам дар мавриди чанд бузҳои орангутан нависам.

Розиқов Эраҷ аз деҳаи Шербегиёни ҷамоати Сафедчашма чандсолаҳо шуд, ки мардумро мефурушад.Ҷавонҳое, ки риш доранд, ҷавононе, ки пешдаро ва як каме фарқкунанда ва бонуфуз дар маъракаҳову масҷид ҳастанд ба амният меравад «ачот» месупорад. Дар куҷое як мусалмони ҳақиқӣ ҳаст, салафӣ гуфта тӯҳмат задаву бӯҳтон баста ба мақомот мерасонад. Шиканҷаву азоб рӯзторӯз бисёртар шуда истодааст.

Маҳмадхоҷаев Некруз аз деҳаи Офтобрӯя, Абдулҳаев Камолиддин аз деҳаи Кабутиён, Шукуров Абубакр ду ном дорад- Теша раиси маҳалла буд, ки дар ҳоли ҳозир фақат куни амниятиҳоро мелесаду мегардад, бузи пешипеш. Тамоми ҷавонҳоро мефурӯшад.

Ҷумъа Мирзоев аз деҳаи Кабутиён -штатний буз аст, удостворения дорад, ҳар моҳ давлат маошаш медиҳад.

Даёнов Кабут аз деҳаи Офтобрӯ, ки мардуми Сафедчашма ба доду фиғон омадаанд аз дасти ин козёлҳоои одамфуруш. Як қисми ҷавонҳо аз пушти инҳо тюрма шуданд.

Козёлҳои калон Ривоҷов Қутбуддин аз деҳаи Фаркак, шестёркаи участкавой. Маҷидов Эмомалӣ, Сунъатов Шеравлиё, Асроров Аброриддин аз деҳаи Кабутиён. Халқ аз дасти ин бузҳо ягонгап задан наметавонанд дар ҷамоати Сафедчашма, Самсолиқи пешина.

Маҳмадов Сарабег Давлатбекович ин шахс дар деҳаи фаркаки 75 хочагӣ зиндагӣ мекунанд, масҷидро бо фармони ҳаминҳо маҳкам карданд ва шарм нокарда грифтанд мактабаш карданд. Ин кор дақиқан бо фармони Абдулҳаев Шодихуҷа Маҳмадхоҷаев Талабшо  ва Маҳмадхоҷаев Асохуҷа  яъне бо ҳамкории ана ҳамин бузҳо сурат гирифт.  Халқ аз амалҳои нопоки инҳо безор шидаанд, талабоҳои мактаби рақами 37ро оварданд ба ин масҷид ва дар инҷо онҳоро гузоштанд, ҳамай талабаҳои синфи 9ум хон ба сардарду подард грифтор шудаанд. Ҳама медонанд,ки ҳамин Сарабег духтари акай худашро угай гуфта бо ӯ дастдарозӣ кард мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ пора грифтанд ва озодаш карданд бар ивази  ду сар гов  аз ӯ ситонданд ва аслан ба ин амали таҷовуз ба номус ҳеҷ делои ҷиноятӣ накушоданд. Феълан масҷиди  деҳаи Фаркаки Сафедчашма ба мактаб табдил шудааст  ҳама ончи дар масҷид буд бурда партофтанд. Синфхонаҳои мактаби № 37 комилан холиянд. Хело зулм ба сари халқ оварданд, инҳо ислоҳ ношаванда мебошанд танҳо роҳи ягона сарнагунии ин режими тоҷиккуш ва тоҷик зулмкун асту тамом. Ҳарчи фикр мекунем дигар роҳе барои мо боқӣ намондаанд.

Вахш
Ассалому алейкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқбол. Умедворам хубу саломат бошед Миннатдорам, ки номаи маро чоп кардед. Ҳоло меоем ба сари масъалаи асосӣ, ки бароятон матраҳ мекунам.

Ман ба Президенти Тоҷикистон нома равон кардам, ки онро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо»№  282 чоп кардед. Дар он нома аз беадолатӣ ва бераҳмиҳои Барот дар робита ба заминфурушиҳояш ва дар лаби каналу заҳбурҳо сохтмони ғайриқонунӣ бунёд намуданҳояш навишта будам, ки шумо чоп кардед ва ҳама онро диду хонд.

Лекин на гапе аз Президенти Тоҷикистон асту на гап аз Дастгоҳи Президент ва на гап аз прокуратураву на гап аз амният, ин корҳо дар совхози Вахш дар раҳи Дружба ру ба руи заводи Файзи Мурод ва ё ки рӯ ба руи деҳаи Дуканала, солҳои дароз аст ки мо на ҳол дорем на рузи хуб аз дасти ин авбошони раиси ноҳияи Вахш, чи Барот бошад ва чи Қурбони бех бошад, ва на ҷои ариза кардан дорему на ҷои шикоят. Чунки ба ҳама маълум шудааст, ки об аз боло лой аст ва назараш ҳам ба пастӣ намерасад. Барои ҳамин номаи маро ин дафъа на ба Президенти Тоҷикистон расонед, балки ба тамоми мардуми Тоҷикистон расонед. Илтимос ин номаи дуввуми маро ҳам чоп кунед.

Чунки мо дар қафас мондаем. Агар тамоми мардуми Тоҷикистон аз як оила, яъне аз авлоди Эмомалӣ шикоят кунад, мо мардуми ноҳияи Вахш аз ду оила шикоят мекунем: -ҳам аз Президенти Тоҷикистон бо авлодаш ва ҳам аз раиси ноҳияи Вахш Қурбони бех бо Бароти бародару авлоди золиму монополисти вай.

Чандин сол аст ки дар колхози Москва мардум комилан бе замину бе чарогоҳ аст. Айнан ҳамин корҳо дар совхози Вахши мо ҳам вуҷуд дорад:-чарогоҳҳо ишғол карда шудааст, заминҳо фурӯхта мешавад, аммо ягон мақомоти боло аниқтараш мақомоти давлатӣ ба доди мо на расиду на мерасад. Ҳатто амнияти давлатӣ бозичаи дасти Бароту Қурбони бех шудааст, ки шумо медонед инро. Масалан, ҳар нафар, ки раиси амният дар ноҳияи Вахш таъин мешавад, Барот ва ё ки Қурбони бех ба ӯ зуд молу мулк медиҳанд, гуё, ки дастгирӣ аз тарафи ноҳия, сахт греташ мекунанд. То аз қафояшон хабари нохуш на нависанд. Масалан барояш 10-15 гектар замин барои хоҷагии деҳқонӣ ҷудо мекунанд. Лекин ин амниятӣ ҳаргиз хоҷагии деҳқонӣ ташкил намекунад, аммо ин заминро ба иҷора -аренда месупорад. Аз пули иҷораи солонааш тақрибан 60-70-80 ҳазор сомонӣ мегирад, ки нархро, албатта вобаста ба ҷову макон муқаррар мекунад ва замини амниятиро ҳеҷ кас кордор ҳам намешавад. Арендатор чизе форадаш кишт мекунад:- беда мака, тарбуз, харбуза, хулоса чизе хоҳад ҳамонро кишту кор мекунад, чунки ин деҳқони арендаторро кришааш амниятӣ аст ва дар ивазаш амниятӣ ба Қурбони бех ва бародараш Барот комилан кордор намешавад. Баракс дар бари Қурбони бех бо раиси вилоят чухт аст ва ин корҳоро намебинад, чунки ба кисаи ин ҳам хушру мерасад. Барои ҳамин аст ки 100-ҳо гектарро Қурбони бех бо Барот дар колхози Москва ва совхози Вахш аз худ кардаанд ва оромона гашту гузор карда гаштаанд. Барои ҳамин аст ки Барот 10-ҳо гектар замини обиро чи дар марказ бошад ва чи аз марказ берун ба мардум фурухт. Дар он заминҳо хона андохтанду ҳоло хонасозӣ идома дорад. Ин заминҳои обиро бо санаду ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ғайриобӣ гузаронида бекор карданд ва фурухтанд. Ва, тавассути аризаҳои ташкилнамудаашон замини манзили зист ҳуҷҷат карданд. Ин кор бештар дар давраи раисии Барот сурат гирифт. Мо ин корҳоро бо чашми сар мебинем. Мебинем,ки чи гуна ҳам қонунҳоро таги по карда истодаанд ва ҳам ояндаи мардумро ба нобудӣ ва номуайянӣ расонида истодаанд. Чанде аз наздикони худи ман дар ҳокимяти Вахш кор мекунанд ва аз ин ҷиноятҳои Қурбони беху  Бароталӣ Юсупов бародараш дар вақташ задаанд.

Савол пеш меояд, ки оё ин давлати Тоҷикистон дузду ғоратгар аст ё инки барои нафароне мисли Қурбони беху бародараш иҷозат додааст, ки ҳамаро тозанд?

Инҳо изо накашида, шарм накарда боз ором мегарданд. Гуё, ки мо ҳеҷ чизро на мебинем ва на мешунавем. Боз аз худ миннатдор ҳам мекунанд, ки ба мардум участка ва замин барои манзил доданд. Охир мо мардуми ҳамин маҳалла аз даврони шуравӣ инҷо ҳастем, кур нестем. Шумо бидуни ба ҳисоб гирифтани оянда ва фақат ба хотири ба киссаи худ пул кор крадан ин корро карда истодаед.

Ин ҷинояти заминфурӯшӣ то ба кай давом мекарда бошад?

Бародар Муҳаммадиқбол, илтимос ин номаи маро ба тамоми мардуми Тоҷикистон расон. Бубинанд, ки дар Вахш чи қонуншиканиҳо ва чи ояндасӯзиҳоро мақомоти давлатӣ анҷом дода истодаанд. Аммо на дастгоҳи иҷрояи президент, на прокуратураи вилояту ноҳия ва на генералӣ ва ҳеҷ нишодҳои танобкаш аслан таваҷҷӯҳе надоранд.

Берлин

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ин матлабро метавонед нашр кунед метавонед нашр накунед. Ихтиёр ба худи шумо аст. Вале нашр кунед беҳтар аст, чун мехоҳам бародарони тоҷикистонӣ роҷеъ ба муҳтавои он фикру назарҳояшонро бигӯянд. Манзур аз ин навишта он аст ки мо-тоҷикҳои рӯи дунё бояд дар андеша ва фикри ояндаи худ бошем.

Ман дар хориҷ аз ватанам ҳастам, дар яке аз кишварҳои арупоӣ. Мисли ман миллионҳо тоҷики Афғонистон гурезаву овора ва дар орзуи дарёфти корти паноҳандагӣ аст. Ҳамчуноне шумо ва мисли шумо ҳазорҳо ҳазор ҳаммилати ман аз Тоҷикистон, ки дар хориҷаанд. Чаро мо дар ватани худ зиндагӣ карда наметавонем? Бале, имрӯзи мо тоҷикҳо хуб нест. Ва бояд роҳи ҳалл биҷӯем. Ин матлабро чунин сарлавҳа гузоштам «Миллат бо ҳувият зинда аст»

«Ҳувият барои як миллат мисли падар барои як хонавода аст. Ҳар хонаводе, ки аз падари худ дурӣ ҷӯяд, дар қадами аввал бесарпаноҳ мешавад, дар қадами дувум идора ва иттиҳод дар он аз байн меравад, ва дар қадами севум зери таъсири истеъморгарон ва ғосибон ба гурӯҳҳои хурд тақсим шуда, ниҳоят нест мегардад ё ба ғуломони қавмҳои дигар табдил меёбад.

Аз ин рӯ, дӯстони гиромӣ, тоҷик будан барои мо танҳо як ном нест.Тоҷик будан-яъне муттаҳид сохтани миллат, якрангӣ, қуввати шикастнопазирии миллӣ ва ҳифзи сарзамину миллати аҷдодӣ аст.

Ҳар қавме, ки дар қадами аввал худшиносии мардумии худро ҳифз мекунад, пирӯз мешавад. Ин ҳаққи табиъӣ ва машрӯъ аст ва иртиботе бо масъалаҳои мазҳабӣ надорад.

Ин як асоси ҳувият барои зинда мондани ҳар миллат аст. Пас, мо бояд ифтихор кунем, ки тоҷик ҳастем.

Маънои тоҷик будан-зинда нигоҳ доштани миллат ва ҳифзи сарзамини аҷдодӣ аст.

Ҷангҳои башар дар тамоми таърих, пеш ва пас аз ислом, ҳамеша бар асоси ҳувият ва тамаддун будааст. Ба таърихи инсоният назар афканед-ҳар империя бо хун шакл гирифта ва бо хун суқут кардааст.

Аз ин рӯ, ҳувият барои як миллат як арзиши табиӣ аст: ҳар миллате, ки ҳувияти худро ҳифз кунад, миллат ва сарзамини худро нигоҳ медорад ва зиндагии худро идома медиҳад. Ҳар қавм аз адреси ҳувияти худ вориди майдон мешавад ва ба шакли низомии худ як артиши ҳувиятӣ ва динӣ месозад, ки бо он сарзамину номусашро ҳимоят мекунад.

Ҷаҳон имрӯз ҷаҳони зӯргӯӣ ва ишғолгарӣ аст, зеро табиати инсонҳо бар асоси нафс ва ҳирси ҳукмронӣ сохта шудааст, на бар асоси арзишҳо.

Агар инсон бар асоси арзишҳо зиндагӣ мекард, пас чаро бародар бародарашро мекушад?

Зеро инсон аз рӯи нафси худ амал мекунад ва аз ҳар арзиш-хоҳ динӣ бошад, хоҳ фарҳангӣ-барои мақсадҳои нафсонии худ истифода мебарад.

Имрӯз мебинем, ки истеъморгарони ҷаҳон метавонанд барои як гурӯҳи мардум дин, мазҳаб ва ҳатто ҳувият эҷод кунанд,то онҳоро идора кунанд. Пас, дар асл ин нафси инсон аст, ки бо пул харидуфурӯш мешавад ва ба шаклҳои қавмӣ ё ҷаҳонӣ таҷассум меёбад.

Ҷангҳои инсонӣ дар тӯли таърих асосан барои ҳукмронии қавмӣ ва густариши тамаддуни қавмӣ буданд-яъне паҳн кардани ҳудуди қавм ба қимати нобудии дигарон.

Таҷрибаи гузашта-аз ҷумла он чи баъд аз ҷанг бо Шӯравӣ рӯй дод, вақте артиши муқовимат ба ҳукуматҳои он замон таслим шуд ва бо вуҷуди ваъдаҳо ба мардуми тоҷик раҳм нашуд-бояд дарси ибрат бошад.

Майдони сиёсӣ ва ҷуғрофии мо дар нуқтаи таниш қарор дорад. Дар ҷаҳони имрӯз, ки низоми чандқутбӣ шакл гирифта ва Амрико низ бо роҳи ниёбатӣ ба рақибони худ ворид мешавад, минтақаҳои исломӣ-бахусус Афғонистон- ҳамчун саҳнаи ин моҷароҳои ниёбатӣ интихоб шудаанд. Дар Осиёи Марказӣ ва Ироқ низ омодагӣ барои ин навбатсозӣ дида мешавад.

Кишвари мо ҳам аз берун майдони истеъморгарон ва ҳам аз дохил аз ҷониби қавмҳои ишғолгар зери фишор қарор дорад. Дар чунин шароит ва бо чунин қудратҳои манфиатҷӯ, поёнии ваҳдати воқеӣ ғайриимкон менамояд.

Мардуми Эронӣ метавонанд дар доираи як давлат ба таври миллӣ муттаҳид бошанд, зеро он кишвар миллитар аст ва қавмҳои он ҳамсозии фарҳангӣ доранд.

Мо тоҷикон дар чунин саҳнаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ танҳо як роҳ дорем:аз адреси ҳувияти худ вориди майдон шавем ва миллати худро аз назари ҳувият муттаҳид созем.

Боқӣ худо ҳофиз!

Рӯдакӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол, хонанда ва бинандаҳои «Ислоҳ» ва ҳамсафонатон. Бароятон саломатӣ ва пирузӣ хоҳонам

Ман ҳамчун як хизматчии давлатии нохияи Рудакӣ, корманди соҳаи тиб мебошам. Мехоҳам аз озору азияти омад омади президент каме ҳам бошад бигӯям.

Дар назар аст дар санаи 15 ноябр президент ба ноҳияи Рудакӣ ба ҷамоати деҳоти Роҳатӣ сафар кунад. Аммо ин сафар не, балки як зулм ва озору азияту ташвишу сарсону саргардонии як ҷамоа шуда истодааст, боиси норозигии мардум шуда истодааст. Мо кормандони тибро ҳарруз ба ҷамоати деҳоти Роҳатӣ мебаранд, то ки гирду атрофи он корхонаву ташкилоте, ки президент сафар мекунад, рӯбучин ва тоза кунем. Моро аз пагоҳирӯзӣ то нисфи шаб сарсону саргардон карда гушнаву ташна нигоҳ медоранд. Магар дар ноҳия корхонаи хоҷагии комуналӣ вучуд надорад? Магар ноҳия тавони тозаву озода кардани гирду атрофи иншооти ба истифода медодагиро надорад? Ростӣ, тааҷчуб овар аст ки соҳибкор биноро созад, баъди сохтани соҳибкор кормандони ноҳия корҳои шинонидани гулу бутаҳоро анҷҷом диҳанд ва тозаву рубучин кунанд, пас мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ чи кор мекарда бошад? Ба фикри шахсии ман агар чунин сарсону саргардониҳои беохиру бемаъно дар сафарҳои президент бошад хоҳиш мекунем тағйироте ворид кунанд, чунки 2 моҳ пеш аз сафари президент мардумро сарсону саргардон мекунанд. Ба сари ҳар як корхонаву ташкилот як супорише медиҳанд. Ба мо кормандони соҳаи тибб харидории гул ба 120 ҳазор сомониро супориш кардаанд. Ба сардухтури мо -главврач Ҳикматуллозода Абдуғаффори раиси ноҳия  супориш додааст, ки ин маблағро дар фалон число оварда супор. Ростиӣ,сафари президент як дарди сар шуда аст барои мо.

Хуҷанд

Ассалому алайкум бародари муборизи рҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин. Намедонам ин номаи ман ба дасти Шумо мерасад ё не. Соли саввум аст ки шиштагиам. Гуноҳи ман бо моддаи 307. Лайк мондаму  поделитсия кардам. Ҳозир дар усиленнийи Хуҷанд ҳастам. Ман аз Истаравшан. Ранги ман дар ин зиндони низомаш пурзӯри шаҳри Хуҷанд даҳҳо нафар, садҳо гӯем ҳам хато намекунем. Маро аз Русия гапзанон карда оварданд. Гуфтанд, ки ариза навису узр хоҳ туро озод мекунанд. Ман ба номи вазири дохила ариза кардам. Омадам, аммо маро 6 солу 6 моҳ доданд. Наздик 6 моҳ дар СИЗОи Хуҷанд будам. СИЗО мушкилоти худро дорад, ки ногуфтанӣ. Чанд адад камераҳои беҳтар дорад, ки барои онҷо ҷой гирифтан бояд камаш 200 доллар диҳӣ. Ҳатто матрасу болишт дар онҷо нарх дорад. Барои свиданкаи дарозмуддат аз 800 то 1000 сомонӣ медиҳӣ. Об надорад. Бо соат об медиҳад. Бӯю таф.

Дар зиндон шароит фарқ мекунад. Оббозӣ хурокпазӣ беҳтар. Аммо инҷо ҳам  барои 307 -хоинҳои ватан, тарафдорони Муҳаммадиқбол хуб нест. Инҷо ҳама шуморо хуб мешиносанд. Гоҳо дар инҷо ҳам аз телефони назоратчиҳо барномаҳои шуморо мебинем. Пул ҷамъ мекунему медиҳем, телефонашро  медиҳад.

Вақте ман омадам инҷо ҳама интизори амнистия буданд. Маро мегуфтанд, ки бахтат баландӣ кард, зуд мебароӣ. Гапгап буд, ки бахшида ба қабули сисолагии Конститусия дар соли 2024 афви золотой мекунад. Кормандони зиндон ҳам ҳамин хел мегуфтанд. Аммо нашуд. Ҳоло ҳам инҷо ҳама ба умед. Инҷо чихеле гушна нону ташна об хоб мебинад ҳама амнистя хоб мебинад. Ҳозир ҳам зиндониҳо боз ба ҳамин умед, ки рӯзи 6 ноябр фармони Президент мебарояд, рӯзи 16 ноябр мебарояд худро тасалло дода гаштаанд. Аммо ман умедамро кандам. Аммо инҷо зиндониҳо чандин сол нишаста мегӯянд, ки 10 соли ахир зиндонҳо то ин андоза пури одам набуд. Барои ҳама чиз проблема. Зекҳо зиёд. Барои свиданкаву дачка ҳамеша навбат.

Агар ин номаи ман қироат шавад, мо огоҳ мешавем. Ва, сипас ман ба шумо бисёртар менависам.

Аммо, як чизро ба шумо мегӯям. Дар ин зиндон тарафдорону мухлисони шумо хеле зиёданду ҳама интизори амалкарде аз ҷониби шумо пойда шиштанд.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №293 появились сначала на ISLOH.net.