Архивы Паёми 2022 - ISLOH.net

Паёми саропо дурӯғу фиребу таҳқири “ пешво” ба миллат
Паёми ЭР ҳамеша қиссаи “қаҳрамонӣ”-и худи ӯст! Ва доим як сенария дорад: солҳои ҷанг, душманони миллат, хоҷагони хориҷӣ, (дар ин миён таъкиди раванди сулҳ пас аз оғози “ҷанг”-и дубора бо ҷониби дигар аз матни таърихӣ уфтодааст, аммо “қаҳрамон”-аш боқист), баъдан шурӯъ мекунад аз он, ки чигуна дар ин марҳалаи тақдирсоз маҳз бо талошҳои ӯ миллати тоҷик аз вартаи ҳалокат наҷот дода шуд….

Аммо дар ин сенария «қаҳрамон”-и асосӣ дар аввали филм ҳузур надорад, аз ин рӯ ӯ ҳамеша вақте дар бораи Истиқлолият ҳарф мезанад, ба таърихи ин раванд руҷуъ намекунад, зеро ӯ на танҳо дар саргаҳи ҳаракатҳои истиқлолхоҳӣ набуд, балки душмани рӯирости Истиқлолият буд…

«Акнун биёед бубинем, ӯ воқеан пас аз ҷанг,(қотили аслияш ҳам худи ӯ буд), чи корҳоеро анҷом додааст ва чаро миллати тоҷик якумра бояд бори миннати ӯ ва фарзандону ақрабояшро бикашад??»

Яке аз ифтихороти ӯ ин аст, ки чандин ҳазор гектар заминро ба мардум ҳамчун қитъаҳои президентӣ гуфта тақсим кардааст, то онҳо зиндагияшонро бубинанд… Аммо ин ҷо чи ҷои ифтихорот аст? Ту магар замини шахсии худро ба мардум тақсим кардаӣ, ки беш аз 20 сол иҷрои ин вазифаи одии худро хидмати бузург мешуморӣ?

Ё замини тоҷиконро аз дасти аҷнабиён гирифта ба мардум баргардонидаӣ? Баръакс заминҳояшонро ку ба хоҷагонат фурӯхтӣ!

Айнан айни ҳамин суолҳо вобаста ба тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ… Ин дуюмин амале ҳаст, ки ЭР иҷрои онро ба мардум ҳамеша миннат мекунад…

Эй ахмақ, магар ту куҳҳеро ҳамвор карда ба мардум ҷои зист муҳайе кардаӣ?

Не албатта! Як қисм заминҳои обиро ба мардум барои хонапӯшӣ додаӣ, онҷо ки заминҳои лалмӣ буданд, мардум пул ҷамъ карда одатан худ об  бароварданд, барқ ташкил кардаанд, ҳатто аксаран дар мавзеҳҳои хурди навобод мардум бо пули худ мактабу бунгоҳи тиббӣ ҳам сохтаанд…

Ҳама Паёмҳои ӯ як сенария доранд, ҳар сол вобаста ба ҳолат ҳатман ягон душмани хориҷиву дохилиро дар рафти паём ҳамчун сабабгори аслии вазъи бади кишвар ном хоҳад бурд… Аммо имсол як тафовут буд: душмани хориҷии хосеро ном набурд ва ҳатто таъкид ҳам дошт: душмантарошӣ кардан даркор не… Медонед чаро? Зеро дар пасманзари вазъи Афғонистон ӯ маҷбур аст бо дигар кишварҳои минтақа (аз ҷумла Эрону Қирғизистон, ки то дирӯз муносибатҳо сард буданд) робитаи хуб дошта бошад…

«Бубинед, дар ҳоле, ки дар сиёсати хориҷӣ ӯ даъват дорад, ки душмантарошӣ накунем, дар дохил як миллати воҳидро пора-пора кардааст… Яке Помирӣ, дигаре наҳзатӣ, севвуми салафӣ…»

Яке аз нуктаҳои аслии Паём эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун солҳои саноатикунонӣ буд. Мо ки табиати ЭР хеле хуб медонем, ҳоло ташвиш аз он дорем, ки ин ташаббуси дар зоҳир хеле нек, дар амал метавонад бар зарари мардуми мо анҷом ёбад… Чаро?

Дар хотир меорем чопу паҳни китоби Тоҷиконро, ки дар арафаи ҷашни 30-солагӣ барои миллат зоҳиран гӯйё ройгон тақсим шуд… Аммо мо медонем, ки дар асл ин кор бо маблағи 136 миллион сомонии буҷавӣ (яъне аз ҷайби мову шумо) аз ҷониби “Нашриёти муосир», ки ба ширкати «Фароз» алоқамандӣ дорад, бо тиражи 1,6 миллион нусха иҷро шуд. Расонаҳо (Озодӣ) исбот карданд, ки ин корро дигар чопхонаҳо омода будаанд бо маблағи камтар ин корро анҷом бидиҳанд, вале иҷрои он маҳз ба фоидаи нашриёти наздик ба хонаводаи ЭР бовар карда ва супурда шуд… Зоҳиран ташаббуси олӣ, аммо амалан кори аз пеш тарҳрезишуда ба манфиати оила…

Пеш аз он, ки бармегардем сари саноатикунонӣ, як мисоли рушани дигареро хоҳем овард: вақте муносибатҳо миёни мову Узбекистон хуб шуданд, ҳамагон хушбин будем, ки аз ин ҳолат ҳарду миллат манфаат хоҳанд бурд… Аммо дар асл чи иттифоқе пеш омад? Дар аввалин фурсат вақте муносибатҳо нарм шуданд, қудои Президент Шарифбек намояндагии дилерии ширкати автомобилии “Равон”-и Узбекистонро ба даст гирифт, аз ҷониби дигар фурӯши сементи “Ғайюрсемент”, ки ба оила алоқамандӣ дорад, дар Узбекистон ба роҳ монда шуд… Яъне бубинед, ки аз ҳар имконоте пеш аз ҳама ба манфиати Оила истифода мебаранд… Дар ҳамин ҳол, гузаштани марзи Узбекистон аз ҷониби мо пулакист (албатта ғайрирасмӣ, дуруға очеради сунъӣ ташкил карда, барои тез гузаштан доля талаб мекунанд, ин масала бо далоили радношаванда бо навор ва сабтҳо дар дасти мо вуҷуд дорад)…

Яъне як шанси олии таърихӣ, ки ду миллат онро 20 сол мунтазир буд, ҳоло аслан ба манфиати Оила истифода мешавад…

«Акнун сари саноатикунонӣ… Чи иттифоқе пеш хоҳад омад?? Яқинан ҳар иқтидори саноатие рӯи кор меояд, наздик ба Оила хоҳад буд (Авесто групп, Фароз, Ориёнбанк ё Шарифбек)… Ин маънои онро хоҳад дошт, ки ) а)  онҳо андоз нахоҳанд супурд; б) маҳсулоти истеҳсолкардаи худро бо нархи гарон ба мардум таҳмил хоҳанд кард (фарзи мисол, электромобил, ки дар Паём ишорааш рафт, бо нархи гарон ба бозор бароварда шуда, дар ҳамин ҳол барои воридоти ҳамагуна мошинҳои хориҷӣ боҷи миёншикан ҷорӣ хоҳанд кард…)»

Инҷо дар Паём як ишораи дигар ҳам буд: мо барои дигарон фақат қувваи кории арзон ҳастем… Бо таъсиси корхонаҳои саноатии Оилавӣ онҳо мехоҳанд як андоза қувваи кории арзонеро ки ба Русия мераванд, дар Ватан ба манфаати худ истифода баранд, вале чун рақобати солим ки нест, мардум дар ин корхонаҳои Оилавӣ маоши ночиз хоҳад гирифт, мисли имрӯза кормандони буҷавӣ…

Афсонаи дигари ЭР сари пиллапврварӣ буд… Ӯ аз кори дунё бехабар аст. Ҳудуди 20 сол аст, ки дарахтони тутро офат задааст…

Яъне баргҳои онҳо, ки метавонанд хуроки кирмакҳои Пилла бошанд, ҳар баҳорон дарҳол хушк мешаванд… Дар замони шуравӣ ба воситаи самолетҳои махсус барои пахтаву дигар зироатҳо маводи кимиевӣ пошида мешуд ва маҳсулоти кишоварзӣ аз офатҳо эмин буданд, ҳоло кишвари мо чунин имконияте надорад, ки ҳама дарахтони тутро аз офат наҷот диҳад…

Афсонаи дигар — ҷалби сармояи хориҷӣ тариқи иҷборӣ… Дар Паём ӯ гуфт то фалон сол фалон маблағ бояд ҷалб карда шавад,ки дар паём онро дидеду шунидед.

Охир сармоягузори хориҷӣ магар язнаат ҳаст, ки бо нақшаву талаби ту бояд ба Тоҷикистон маблағ ворид кунад? Ин ҷо колхоз нест ку! Сармояро бо фароҳам овардани замина ҷалб менамоянд, на тариқӣ зуриву супориш…

Пас аз таҳаввулоти сиёсии Узбекистон чандин нафар сармоягузорони чинӣ, ки дар Душанбе фиреби Оиларо хурда буданд, сармояашонро ба кишвари ҳамсоя куч доданд…

Хуллас дар бобати ҷалби сармоя: ҳар сармоягузори ҷиддӣ, ки мехоҳад пули калон инҷо ворид кунад, замонати устувории дарозмуддати вазъро ба назар мегирад, аммо як Оила ва он ҳам фосиқ наметавонад барои 20-30 оянда кафили амнияти иқтисодиву сиёсии кишвар бошад…

«Яке аз ҳақиқатҳои Паём — иқрори ЭР дар хусуси он буд, ки мо ҳоло ҳеч чиз истеҳсол намекунем… Воқеан як далели ҷолиби таърихӣ: вақте бо Узбекистон муносибатҳо хуб шуданд, моҳи апрели 2017 дар Душанбе ярмаркаи фурӯши маҳсулоти саноатии он кишвар баргузор шуд, ки бо ғановати худ мардуми моро дар ҳайрат афтонд…»

Интизор мерафт дар моҳҳои баъдӣ намоиши ҷавобии саноатии мо дар Тошканд баргузор гардад, аммо пас аз тамошои Намоиши арзандаи маҳсулоти саноатии Узбекистон, ҷониби Тоҷикистон аввалин бор дар ҳолати ногувор қарор гирифт: маҷлис пайи маҷлис… Мулоҳиза: бо ин куртаи чакану тавақи чубии худ мо ба куҷо меравем))???

Хулоса чун ҳамеша пусти харро ба сар кашида, пас аз як бор ба таъхир афтодани мӯҳлати баргузорӣ, онҳо рафтанд ба Тошканд бо ҳамон куртаи даридаи чакану тавақи чубинашон… Айни чунин ҳолат чанд рӯз пеш дар намоиши Экспо2020 дар шаҳри Дубай буд (дар расонаҳо дидем боз ҳамон куртаи даридаи чакану тавақи ношустаи чувӣ)

Хулоса: модели иқтисодиву саноатии кишварамон чаканмеҳвар бо тавақи чубист!

Дар ҳама сафоратхонаҳои мо дар хориҷ аз кишвар хонум Чакан ва Ҷаноби Тавақи чубин дар даромадгоҳ ҳатман шуморо пешвоз хоҳанд гирифт…

Медонед чаро ин ду маҳсулот ҳоло ба муқаддасоти миллӣ табдил шудаанд??

«Зеро дар зеҳни камбағалонаи ЭР аз даврони кудакиву наврасӣ ин ду “дороӣ” ба ёдгорист: сузании чакан, ки ягона нишоне аз фарҳанг буд, ки девори кулбаашонро зеб медоду тавақи чубӣ, ки нафси бади ӯро қонеъ месохт…»

Як бардошти дигар аз Паём ва ҳама дигар суханрониҳои ЭР ин аст, ки ӯ як нафари комилан бемутолиа ҳаст! Итминон дорам, ки дар умраш китоберо нахондааст, зеро агар мехонд, ӯ ки донотарошии худро хуш дорад, ҳатман ҷое ишора мекард, иқтибосе меовард… Ҳаётан ӯ аз пеши худ сар аз маъруза бардошта иқтибосе ё байте аз бузургворе наовардааст…

Дар лексиконаш  ҳамеша масалҳои обшустаи мардумӣ ҷорист…

«Дар кулл ӯ бобои бесаводеро мемонад, ки наберагонашро ҳамеша гирди ҳам оварда барояшон батакрор танҳо як афсонаро қисса мекунад: афсонаи бузаки ҷингилапой!»

Зеро ӯ ҳар чи медонад базур аз даврони мактабӣ аз китоби Алифбову Хониш аст, мағзи сари ӯ дар он синн шах шудааст, аз ҳеч пире адаб наомӯхтааст…

Дар Паем дар бобати муҳоҷирон ва мушкилоти онҳо =0 таваҷҷӯҳ буд…

Дар Паём ва умуман дар ҷаҳонбинии ҷоҳилонаи ӯ ҷойгоҳе барои аҳзоб, ҷомеаи маданӣ, равшанфикрон умуман вуҷуд надорад…

«Лукашенкои ҷурааш дар мусоҳибаи худ бо Дмитрий Гордон пеш аз интихоботи ахираш гуфта буд: ман тасаввур намекунам, ки агар Президент набошам, рӯзам чи хел мегузарад ва ба чи корҳое машғул хоҳам шуд… Яъне ӯ рӯирост гуфтанист, ки ғайр аз ишғоли мансаб ӯ дигар ҳунару завқе дар зиндагӣ надорад!! Айнан ЭР чунин аст, ӯ на танҳо бесавод аст, балки безавқу беҳунар аст! Ӯ ҳамчу собиқ раиси колхоз, агар ҳадди ақал соҳаи кишоварзиро сарфаҳм мерафт, имрӯз мо ҳадди ақал аз ин ҷиҳат пешрафт медоштем…»

Чаро Акаев истеъфо доду ЭР умрбод боқист? Зеро Акаевро дар Академияи илмҳои Русия интизор буданд, аммо Раҳмоновро дар ҳеч фермае қабул нахоҳанд кард…

Чаро тоҷикон дар Русия беиззатанд?

Зеро симои мо — ЭР дар асл пеши ҳеч роҳбари дунё иззат надорад (чун бесаводу беҳунар аст), агар ӯ иззат медошт, касе боре хотири эҳтироми ӯро ба ҷо меовард…

«ЭР ҳамчун нотиқ дар Паём аз Таҳияи Консепсияи зеҳни сунъӣ (яъне Искуственный интеллект) гуфт… Боз ҳам сарашро бардошта шарҳ надод… Чун ин соҳаи нав аст, ба ҳозирин ва умуман ҷомеаи кишвар зарурати шарҳи ин мафҳум вуҷуд дошт… Вале ЭР дар ин мавридҳо гушҳояшро таги тоқӣ карда тез ба дигар бахшҳои маърузааш мегузарад…»

Воқеан зеҳни сунъӣ дар кишварҳои пешрафта он вақт ҳамчун соҳа ба вуҷуд омад ва рушд кард, ки онҷо талабот ба зарфиятҳои зеҳнӣ зиёд аст ва зеҳниятҳои инсонии мавҷуда барои ҳалли масоили илмиву иқтисодии замони муосир басандагӣ намекунанд…

Аммо дар Тоҷикистон чӣ? Ҳама зарфиятҳои зеҳнӣ, аз табибон то  инжинеру соҳибкорон тарки Ватан кардаанд ва ЭР ҳоло гӯйё дар суроғи Зарфияти сунъӣ гардидааст…

Яъне ҳар муколамае дар мавзуи Зеҳният бо табиати ЭР дар таззод аст ва он барояш афсонае беш нест…

Як нуктаро ЭР 2 бор таъкид кард: дар дунё кори намешуданӣ нест, завқ доштан даркор!!

Агар воқеан чунин аст, пас чаро як кишвари кучаки 10-миллиннафараро сарсону саргардон кардаӣ?  Чаро дар ин 30 сол ҷои корӣ муҳайё карда натавонистӣ??

ЭР ин бовариву қудрати худро на баҳри ҳалли мушкили мардум, балки барои манфиати оилаи худ сарф менамояд….

Дар дунё кори намешуданӣ нест, дар фаҳмиши ӯ ба он маънист, ки ҳеч чаҳорчубае, ахлоқе, қонунеро ӯ намеписандад: кадом фарзандашро ба кадом вазифае хоҳад бе мулоҳиза таъин менамояд… Охир дар дунё кори намешуданӣ нест ку…))!!!

Завқи шумо, салиқаи шумо хело олисту танҳо мо аз он ноогоҳем. Худо ҳаргиз моро он завқу салиқае доред надошта бошем.

Яке аз мусибатҳои дигари Паём — оғози омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолият буд… Дигар бо ин афсонааш 5 соли оянда ҳамаро ором намегузорад… Чун ба иқрори худаш ҳисоби корро ефтааст! Ӯ гуфт корҳое ки дар 10 сол иҷро карда натавонистем, бо кумаки соҳибкорон дар 3 сол барои 30-солагӣ анҷом додем…

35-солагӣ муборак соҳибкорони азиз)) Худо зад….((((

Хуллас ин Паём чун ҳамеша саропо дуруғу фиребу таҳқири ин миллат буд!

Сообщение Паёми саропо дурӯғу фиребу таҳқири “ пешво” ба миллат появились сначала на ISLOH.net.

Раҳмонов гуфт: “Ман умри тоҷиконро дароз ва мошину замину хона барояшон додам”
Ҳамчуноне интизор мерафт ин бор ҳам беш аз дуввуним соат Эмомалӣ Раҳмон, ин Диктатори 70 сола як дарза «шпаргалка»-ҳои фарсудаашро берун оварду аз куҳнаколоҳо гуфт. куҳнаколоҳое, ки аз шунавидони онҳо гӯши фалак ҳам кар шудааст.

«Ман ин кардаму ман он кардам, ман коре кардам, ки дар 70 соли мавҷудияташ ҳукумати шӯравӣ накарда буд». Фақат худрову фақат худро таърифу тамҷид кард:

«Як миллион гурезаҳоро овардам, осон набуд, дар ёдатон ҳаст?  Ҳозир миллионҳо одамон, дур намеравем, ҳамсоя, гуреза шудаанд. Аз соли 2000ум ба иқтисодиёт машғул шудем. Як кишвари ҷангзада дар як муддати кутоҳ чи қадар рушд кард. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ фалон% зиёд шуд. Ман 75.000 гектар заминро ба деҳқонҳо додам. Барои якмиллиону чандсадҳазор оила яксаду чандҳазор замин, аз ҷумла замини обиро барои участкаи наздиҳавлигӣ додам. Умри одамонро дароз кардам. Ба 75 расонидам. Илму дониш омӯзед. Хурофоти асримиёнагиро чи кор мекунед»?

Ҳоло аз афғонҳои овораву муҳоҷир мегӯӣ, пас чаро аз муҳоҷирону оворагони худат-аз мо паноҳҷӯён, ки дар ин кишварҳо азоби ғурбат мечашем намегӯӣ?  Чаро вақте аз ҳукумати фарогир, бо ширкати ҳама неруҳои сиёсӣ мегӯӣ, аз ҳукумати оилашумули худат намегӯӣ? Мо, ки ҳатто дар талоши қудрат ҳам набудем. Ҳамон ду курсии парлумонро ҳам надодӣ!. Боз иктифо накардиву ба поямон туҳмат бастиву беҳтаринҳоямонро «турма» кардӣ, ночор ҷилои ватан кардем. Дар инҷо ҳам таъқиб карда истодаӣ. Пас, ба ин гапҳои ту кӣ бовар мекунад? Худат бовар мекунӣ, ки содиқона гуфта истодаӣ?

«Соли 1992, 5 миллион будем. Ҳоло ман 10.000.000 миллион кардам. Соли 1994 Қонуни асосиро мардум аз тариқи раъйпурсӣ аввалин бор  қабул кард. Баъди Федератсияи Россия Тоҷикистон дуюмин давлати ИДМ аст, ки аз тариқи мардум Қонуни асосӣ  қабул кард».

Аммо нагуфт, ки чаро ва бо чи сабабу далеле ин қонунро мисли памперсу тампони тампакс чандин бор иваз кард. Чунки гуфтан наметавонад, чунки ин ҳама тағйироту ислоҳот ба Қонуни асосӣ ба манфиати шахси вай ва хонаводааш аст. Ва, ба маҳзи ҳамин латтапора кардани Қонуни асосӣ аст, ки инак сӣ сол мешавад дар сари қудрат аст.

«Душман тарошидан дар кор нест. Бо ҳамаи кишварҳо ҳамкорӣ кардан даркор. Он давлат барои мо вай буд,..гуфтан даркор нест».

Аҷиб! Ин гапро барои кӣ мегуфта бошад? Барои СС.Ятимов ва «фермаи ҷавоби вай». Магар худаш набуд, ки гуфта буд «кишвари дӯст дар даруни нохунак». Ҳоло, ки аз ин кишвар боз ҳам манфиат мебинад, дигар ин гуна аҳмақонаву аблаҳона суҳбат намекунад. Вагарна ин худаш буд, ки Эронро душман тарошида буд.

Ҳоло ҳам дар сараш ҳамон андеша ҷавлон дорад. Гуфт, ки «агар Афғонистон давлат буд дар соли 1992 як гуруҳ ифротиҳо аз ҳисоби шаҳрвандони худамон аз онҷо ба аъмоли хунини худ идома намедоданд».

Хуб, маълум аст, ки киро ва чиро дар назар дорад. Дигар акнун солбасол мункири сулҳи тарафи дигари сулҳ шуда истодааст. Чун гумонаш бар ин аст, ки ҳукуматашро сахту устувор кардааст.

Аммо дар бораи ҳодисаи хунини Бадахшон чизе нагуфт. Аз ҳодисае, ки тамоми ҷаҳонро мутаваҷҷеҳи худ кард, чизе ишорат накард. Ба мардум нагуфт, ки чаро дар ин қисмати ватани азизамон ин ҳама неруи низомӣ даровардаву ҳаёти осоиштаи мардумро бо блокпосту сарбозону афсарони мусаллаҳ дар хиёбонҳои Хоруғ ноамн карда истодааст. Мақсадаш чист? Чаро боз ҳам аз ин қисмати ватан ба Чин пойгоҳи низомӣ медиҳад?

Аз раванди рӯ ба афзоиши муҳоҷират нагуфт. Нагуфт, ки муҳоҷират аз бобо ба писару набера гузашт. Нагуфт, ки ҳоло аз ҳар деҳа камаш 20-30 ва ҳатто 60-70 хонавода тарки ватан кардаву рӯ ба Русия овардааст. Дар бораи тандурустӣ гап зад. Боз ҳам сифрҳоро гуфт, ки дар солҳои даврони шӯравӣ фалон қадар «болнитса» доштем ҳоло даҳ баробар зиёд шудааст. Аммо нагуфт, ки чаро табибону пизишкон хонахез тарки пеша ва ватан карда истодаанд.

Дар экран яке сару каллаи Шукурҷон Зуҳурову Амиршо Миралиев пайдо шуданд. Аммо аз Маҳмадсаид Убайдуллоеву Абдумаҷид Достиев хату хабаре набуд. Достиевро барвақт аз рӯихат берун карда буд. Ҳоло Убайдуллоев ҳам мардуди дустон шудааст. Убайдуллоевро, ҳатто ба он дараҷа бад мебинад, ки лоиқ надид, ки ақалан узви Маҷлиси миллӣ бишавад, чуноне ба дигарҳо чунин имтиёз дода буд. Ба маҳзи онки Убайдуллоев вориди Маҷлиси Миллӣ нашавад ин бор ин Маҷлис бо 31 нафар кор мекунад. Дар ҳоле, ки он 33 узв дорад, аммо аз рӯзе, ки Рустами Эмомалӣ раис шуд ду узв кам дорад.

Хуб, бало ба пасашон. Аммо Раҳмонов ин бор аз барномаҳояш барои 35 солагии Истиқлоли давлатӣ гуфт. Гуфт истиқлол, чи шириниҳо дорад. Ба қадри он бояд расем. Вай инро гуфт, аммо нагуфт, ки агар истиқлол ширин аст, чаро шумораи муҳоҷирони корӣ дар ҳоли афзоиш аст. Нагуфт, ки истиқлол ӯро то куҷоҳо бой кардааст?

Аммо ба падару модарон таҳдид кард, ки дар тарбия кутоҳ наоянд. Бачаҳояшон бо ифротиҳо напайванданд, вагарна дар «қади куча» мемонанд. Аз афзоиши шумораи телефонҳои мобилӣ шикоят кард. Гуфт саратон дард мекунад. Вале аз он се миллиард доллари сарфкардаи мардум ба алоқаи мобилӣ ва интернет сахт нороҳатӣ кард. Гуфт агар мардум онро ба Роғун сарф мекард, он сохта мешуд. Вале намегӯяд, ки наздики 200 миллион доллар саҳмияҳои мардум чӣ шуд? Аммо намегӯяд, ки Роғун барои он саривақт сохта намешавад, ки Ҳасан Асадуллозода  ва ширкатҳои писару дигар хусурбачаҳояш онро дуздида истодааст. Аз он намегӯяд, ки чаро ба мардум неруи арқ намедиҳад. Иллати камбуди неруи  барқро ба аҳолӣ шарҳ намедиҳад.

Эмомалӣ Раҳмонов эълон кард, ки пиллапарваронро аз андоз барои даҳ сол озод кард. Вале нагуфт, ки харидори пила кӣ аст?

Харидори пила худи ӯст ва пиллаҳоро қочоқӣ, бидуни пардохти боҷи гумрук ба Хитой мебарад ва онҷо фабрика дорад ва аз онҷо атласу адрас карда меовараду дар бозори дохилӣ ва Узбакистон мефурӯшад.

Ҳатто шумораи мошинҳои мардумро ҳам дар муқоиса бо мошинҳои шӯравӣ эълон карду гуфт, ки ин натиҷаи сиёсатҳои хирамандона ва оқилонаи ӯст ва нишонаи он аст, ки зиндагии мардум беҳтар шуда истодааст. Инчунин дар мавриди он сет ва ё шабакаи дуздоне,ки мошинҳоро аз аврупо дуздида ба Тоҷикистон мебаранд ва афроди наздик ба оила дар ин амалиёт иштирок менамоянд чизе нагуфт. Магар ин ҳам аз сиёсати хирадмандонаи ӯ бошад? Аммо ягон корхона ва ташкилоти давлатиро ном набурд, ки масалан коргари он аз маблағи маошаш мошин  харида бошад. Дар ҳоле, ки ин мошинҳо дар кишварҳое, ки мо зиндагӣ мекунем аз роҳ берун карда шудаанд, яъне иҷозат надоранд, ки бигарданд, чун хеле фарсудаву куҳнаанд. Раиси ҷумҳурӣ мояи ифтихораш мошинҳои куҳнаи истеҳсоли хориҷӣ аст.

Ps: Аммо, дар ҳақиқат ҳам дар мавриди саломатиаш намешавад нагуфт. Ин диктотур ба 70 даромад. Дақиқ аст, ки вазнаш аз меъёр хеле зиёд шуда аст. Аммо на айнак мегирад, на сафи дандонҳояш осеб дидааст ва на як лаҳза ҳам дар рӯи курсӣ шишт. Дуввумини соат чухт гап зад. Албатта, ки як ,ду се бор сулфид. Ҳамоно солиму бардам аст. Барзагови ҷуфтӣ дар пеши вай хурд метобад. Гарданаш мисли гардани балони газ, чашмонаш дар даруни рӯғани рӯйҳои ғафсу фарбеҳу чарбубастааш майдаҳак шудааст.

Парвои мардум надорад, баракс ба назараш ҳоли мардум аз ҳад хуб аст. Ман мутмаинам, ки аз ҳама чиз, ҳатто аз ҳамин ғасби заминҳои балҷувониҳо аз тарафи фермаи «Мармарӣ»-и Рустам ҳам бохабар аст, вале худро ба нодонӣ зада ҳамаро аблаҳу аҳмақ карда гаштааст.

Охир, бубинед як гапҳое мезанад, ки одами солимақл намезанад.

«Умри тоҷикҳоро дароз кардам, шумораи мошинҳояшонро зиёд кардам, манзилҳои зиёде барояшон сохтам, замин додам».  Хуб агар ин ҳама корҳоро карда бошӣ ва зиндагии мардумро беҳбуд бахшида бошӣ, чаро ҳоло онҳо бо аҳли байт, хонахез, дару палаашонро қуфл зада Русия рафта истодаанд? Ҳиҷ мефаҳмӣ, ки чиҳо гуфта истодаӣ. Ва, дигар ин дурӯғҳо коромад нестанд. Ту, вақте аз телефони мобиливу аз интернет нола мекунӣ, ва ингор дилат барои пули халқ месӯзад, дурӯғ мегӯӣ. Чунки ту мехоҳӣ телефони мобиливу интернет тамоман набошад, то мардум Муҳаммадиқболи Садриддин ва ёрони вайро, ки парда аз рухи чиркини ту мебардоранд, симои ҳақиқии туро ба мардум менамоёнанд, набинанд, дар ғафлати абадӣ зиндагонӣ кунанд ва туву бачаву духтарҳову домодҳои бешуморат ҳамаро тохтаву задаву ҳар коре бихоҳед карда гардед. Барои ҳамин ту интернетро бад мебинӣ. Барои ҳамин аст ки ҳоло барои мардуми Помир интернетро қатъ кардаӣ!

Аммо, мутмаин бош, ки дигар фурсатат сар омадааст. Ҳамин Паёми дарунхолиат, ҳамин куҳнаколоҳои фарсудаву обшустаи борҳо такрор кардаат, нишон медиҳад, ки ба охири хат расидаӣ.Иншоаллоҳ.

Дар охир инро ба хонандаи Пойгоҳи Ислоҳ мегӯем,ки ҳатман дар барномаи “Зери заррабин” шумораи 3 и он, ин паёми вопасин ва бе моҳияти такрориятро ба мардум мӯ ба мӯ таҳли карда медиҳам,то аз ҳама он дурӯғҳоят мардум огоҳтар гарданд.

Сообщение Раҳмонов гуфт: “Ман умри тоҷиконро дароз ва мошину замину хона барояшон додам” появились сначала на ISLOH.net.