Архивы Пенза Русия - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №143
Раҳмонов ва мақомоти вай номи тоҷикро дар тамоми дунё сиёҳ карданд. Мутаассифона ҳоло тоҷик дигар ҳаммаънои террорист шудааст. Аммо Раҳмонов ҳамоно болои мардум зулму таааддӣ мекунад ва ислому муслиминро барои худ душман гирифтааст. Ҳатто дар мактабҳо дар пайи шикору истинтоқи фарзандони мусалмонҳо баромадааст. Оқибати ин ҳам таарруз ва зургуӣ бо ислму муслимин чи хоҳад шуд, Худо медонад. Акнун ин мардуми мо …..

Истаравшан

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз маҳаллаи Гули Сурхи шаҳри Истаравшан бароятон менависам. Дар бораи вазъу ҳоли мактабҳои ноҳия гуфтаниам. Мактабҳои дигар ноҳияҳоро намедонам аммо мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳия мо дигар як ҷойи бисёр хатарнок шудааст. Инҷо дигар аз милисахона фрқ надорад. Ман ин масъаларо ба шуъбаи маориф расонидам. Бо ин умед, ки дар шуъбаи маориф масъаларо дида чораҷуӣ мекунанд. Баъди нашри ин матлаб шояд маро меёбанду ҷазо медиҳанд. Аммо ногуфтан наметавонам .Виҷдонам азоб медиҳад ҳамчун як шаҳрванди озоди кишвар.

Тайи ду моҳи ахир мактабҳои мо ба ҷойи кору ҷойи фаъолияти милисаҳо табдил шудааст. Милисаҳо чанд вақт падару модарҳоро водор ва маҷбур карданд, ки аризаву баёнот нависанд, ки фарзандонашонро таълими қуръонӣ намедиҳад, сабақу дарси исломӣ намедиҳанд. Агар бачаҳо дастгир карда шаванд падару модарҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Мо, муаллимҳо аз ҷойи баъзе падару модарҳо ҳатто ин гуна баёнот ҳам навиштем. Аммо боз дар ин чанд рӯзи ахир милисаҳо омада талабҳоро бо ҳар приём пурсуҷу ва кофтукоб мекунанд то бифаҳманд, ки онҳо таълими динӣ мегиранд ё не. Чанд нафар аз талабаҳои мактаби моро ба гап ғалтонида фаҳмидаанд, ки намоз мехонанд. Як рӯз омаданду гуфтанд, ки мо ҳама мусалмонем. Намоз мехонем,аммо бояд дар ҷойҳои қонун муқаррар намуда бихонем ва ҳамин тавр гапҳо зада савол доданд, ки киҳо намоз мехонад. Чанд нафар даст бардашт. Он талабаҳои бегуноҳро руихат намуда падару модарҳояшонро даъват карда ҷазо доданд,ки барои чи фарзандат намоз мехонад?.

Боз як масъалаи дигар. Имсол хатмкунандаҳои мактабҳоро барои супоридани тест водор карда истодаанд, ки 350 сомонӣ духтару писар супоранд. Насупорад номаи камол намегирад.

Ҳозир чанд вақти охир милисаҳо омада муаллимҳоро тафтиш карда истодаанд. Телефонҳояшонро гирифтанд. Ба баъзе аз онҳоро барои тамошову лайк ҷарима намуданд.

Журнали давомотро гирифта тафтиш карда чанде аз муаллимҳоро барои дуруст пур накардани журнал сахт ҷарима карданд.

Саволи ман ба вазири маориф ин аст ки ин чи мактаб аст ки милиса омада журналҳоро ҷустуҷу ва тафтиш мекунад. Ин чи мактаб аст ки дар он милисаҳо меоянду синфхонаҳоро бо лагад зада мекушоянд ва дар бораи намоз аз талабагони мактаб мепурсанд. Агар дар Тоҷикистон дии исломро манъ карда бошед чаро ошкоро намегуед,ки дини ислом дигар мамнуъ аст ва мо дигар мусулмон нестем.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман шунидам, ки айни ин кору вазъ дар дигар ноҳияҳо ҳам ҷараён дорад. Тавассути «Ислоҳ» хоҳиш мекунам, ки дар мавриди корҳои ношоистаи милисаҳо дар мактабҳо дигарҳо ҳам нависанд.

Хуҷанд

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Дар урфият мегуянд, ки оби дари хона хира аст ва ё мақоли дигар ҳам ҳаст: худкушӣ, бегонапавар. Инки Тоҷикистон неруи кории арзон содир мекунад ва ин ки мо -муҳоҷирони кории тоҷик ном гирифтаем, дар тамоми дунё маълум аст.

Ман чи гуфтаниам? Хело вақт боз ба тарафи Хуҷанд нарафта будем Аммо чанд рӯзи пеш вақте дар роҳи Хуҷанд- Конибодом мерафтем, шоҳиди он шудем, ки роҳ аз нав соз шуда истодааст. Чанд бор бачаҳои Конибодом ҳам дар ин бора ба шумо навишта буданд. Лекин маро дигар чиз ба ҳайрат гузошт. Наход, ки худи ҷавонҳои тоҷик бекор истанду коргарҳоро аз ким -куҷо оварда кор фармоӣ?! Дар ин вазъияти ҳасосе, ки дар Русия муҳоҷирони мо дар азобу машаққат қарор доранд, чаро аз Африқо коргар меоваранд ва наход, ки мо мисли ҳамин мардуми Африқо белу каланд задан натавонем. Мо мардуми тоҷдор як Русияи бузургро обод карда истодаем. Ман африқоиҳоро паст заданӣ нестам. Бигузор ватани мо ҳам пешрафт кунаду тамоми миллат ба мо кор омада кунад, ҳатто мехоҳам русҳо ҳам биёянду кор кунанд.

Раҷаббой Аҳмадзодаи Қофлонбой мемурӣ мардуми худамонро ба ин кори роҳсозӣ ҷалб намоӣ. То мо ватани худамонро худамон ободу зебо кунем. Ин рафти корро дида дилам чунон бо ёди муҳоҷирон рафту ғамгин шуд ва хостам тавассути Минбари муҳоҷир ва ё Номаҳо аз ноҳияҳо ба самъи мақомот расонам, ки бегонапараст набошанд. Мо дар суроғи ҷойи кор  аз хонаву дари худ ҷудо ҳастем, аммо шумо аз Африқо коргар оварданд ва боз мегуянд, ки онҳо ҳар кадоме чанд ҳазор долларӣ маош мегирифтаанд.

Боз  як ҳодисаеро, ки дар бозори Сомон мушоҳида намудамро гуфтаниам. Аз назди ин бозор мегузаштам, ки як зан бо коркунони милиса саволу ҷавоб мекард. Зан мегуфт патент бо номи писарам аст. Милиса ба зан дуғу дағдаға карда мегуфт, ки бачаат куҷо? Зан дар ҷавоб гуфт ба Русия рафтагӣ ва афзуд, ки аз дасти баланд шудани нархи патену иҷора қарздор шуду маҷбур рафт. Аммо ин милисаи номард дод зада:- ин чи хел аст? Худаш дар Русия асту ба ҷои худ дигар кас кор мекунад. Аммо пурсиданиам, ки эй аҳмақ ба ту чӣ? Омада сумро гирифта рафта истодаӣ. Бачаҳоятро ҳаром хуронида истодаӣ.

Худамро базур доштаму аз пешаш рафтам. Бовар кунед мардум хело ҳолаташон вазнин аст. Боз мо чиро интизор шавем? Дилам сахт бо ин ҳол сухт.

Пенза

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Раҳмати калон бар шумо, ки бахши аввали навиштаам роҷеъ ба ширкати бархе аз ҷавонҳои тоҷик дар ҳодисаҳои террористӣ аз ҷумла дар ҳамлаи террористӣ дар «Крокус Сити Ҳолл»-и Маскавро чоп намудед. Дар муқаддимаи навишта гуфта будам, ки солҳост сайти «Ислоҳ»-ро пайгирӣ ва мутолиа мекунам. Ва дар як муассисаи олии шаҳри Пенза дарс медиҳам.

То онҷо, ки ман мушоҳида мекунам, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов нисбати созмонҳо ва ташкилотҳои иҷтимоӣ истисмор ва саркубро истифода мебарад. Дар Тоҷикистон на ягон ташкилоти ғайридавлатии мустақил, на ҳизби сиёсии мустақил ва на ягон матбуоти мустақил амал мекунад. Эмомалӣ Рахмонов бо номи демократияи сохтаи худаш ҳар касе, ки мухолифи хукуматаш бошад, ҷазо медиҳад ва фарқ надорад, ки ӯ ходими дин аст, журналист ё шаҳрванди оддӣ. Як ҳодисаи oхирро метавонам ёдовар шавам, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзноманигори маъруф ва ҳомии ҳуқуқи шаҳрвандӣ Улфатхоним Мамадшоеваро ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Ин занро бо дуруғу фишор ба давраи тулонӣ ба зиндон равона кард. Ин гуна намунаҳо хело бисёранд, ва замоне, ки институтҳои байналмиллалӣ сабаби ингуна ҳабс карданҳоро мепурсанд Раҳмонов ва ҳукумати вай бо номи мубориза бо терроризм ҳуқуқвайронкуниҳои худро табраа мекунанд.

Мо, медонем, ки намояндагони ҲНИТ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар Аврупо қарор доранд. Онҳо ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷа бо доштани фикр ва ақидае шинохта шудаанд, ки он муътадил ва комилан зидди хушунат аст. Агар ҲНИТ мухолифи секулорҳо ва дигарандешон мебуд, ҳеҷ гоҳ дар дохили кишвар кондиди президентии худ дар соли 2013 хонум Ойниҳол Бобоназароваро пешниҳод намекард. Акнун метавонед худатон хулосаи худро бароред.

Раҳмонов дар мавриди алоқаи ҲНИТ бо ҳукумати Эрон тамоман дуруғ ва туҳмат зада буд.  Агар ҲНИТ муносибати ончуноние ,ки фикр мекунанд медошт ҳатман аъзои Раёсати олии ин ҳизб пас аз фирорӣ ва ихроҷ шудан аз кишвар дар ин кишвар паноҳ мебурданд ва аз онҷо муборизаи худро идома медоданд. Ё Эрон ин ҳизбро ҳимоят мекарду пас аз иттиҳом шуданаш бо террористӣ аз  ин ҳизб ҳимоят мекард. Дар ҳоле Эрон дар сулҳи тоҷикон кишвари миёнҷигар буд мисли Русия. Аслан садои Эронро дар ҳимояти ҲНИТ касе надида ва нашунида аст.

Ягона ҳизби сунние, ки Эрон ҳимоят мекунад он ҳам Ҳамос аст. Дар инҷо танҳо сиёсатро метавон дид, ки ин ҳимоят сиёсӣ асту нақшаҳои худашро метавонад дошта бошад. Ҳеҷ ҳизбу созмони сунние дар олам намеёбед, ки Эрон аз он ҳимояти воқеъӣ карда бошад ва дар ҳимояташ то охир содиқ бошад. ҲНИТ ҳизби суннии ҳанафимазҳаб буда ва ҳеҷ ҳамбастагие, ки мепиндоред, надорад. Аммо Эрон бо ҳукумати Тоҷикистон алоқаҳои зич ва дипломатӣ ва тиҷоратии хубе дорад, ки метавонед онро худатон мушоҳида намоед.

Вале инро мо мехоҳем ё не баъди ҳодисаи Крокус руҳияи зидитоҷикӣ дар Русия бисёр ҳам боло гирифт. Дар заминаи қавму нажод ихтилоф ва бадбинӣ бо тоҷикон зиёд гардид. Масалан ба монанди таҳқири муҳоҷирон бо номҳои гуногун. Масалан, маъмултарин нажодпарастӣ дар нисбати тоҷикон дар Русия ин ба гирифтани манзили иҷора марбут аст. Барои муҳоҷирони тоҷик иҷора дода намешавад. Зеро дар ҳама эъломияву рекламаҳо дар ин бора таъкид мешавад: «танҳо барои мардуми славян ва ё барои тоҷикҳо дода намешавад».

Оиди ифротӣ шудани муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳаминро гуфтаним, ки ин тенденсия мутаассифона дида мешавад. Зеро, ки ҳама институтҳое, ки ҳуқуқи муҳоҷиронро дар Русия ҳимоят мекарданд барҳам дода шуданд. Шахсоне, ки муҳоҷиронро чи аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва чи аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳофизат мекарданд ҳоло ё дар маҳбаси Тоҷикистон қарор доранд ва ё ин оламро падруд гуфтанд. Ин ҳам бо ёрии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов иҷро шудааст.

Омили дигари радикал шудани муҳоҷирон бошад ин фоизи зиёди эммисарҳои ифротӣ дар масҷидҳои Русия аст ва онҳо бо истифода аз  ҳаёти вазнини муҳоҷири меҳнатӣ  онҳоро ба дом меафкананд, албатта, бо ваъдаи зиндагии шоиста ва беҳтар.

Наметавон инкор кард, ки ҳукумати Русия зидди муҳоҷирони тоҷик пас аз ҳодисаи охири Маскав сиёсати шадидеро ба кор мебарад. Масалан тафтишу бозҷуии тоҷикҳо зиёдтар шудааст. Ин ҳолат ҳам дастур аз боло аст ва ҳам методу тактикаи мақомоти қудратӣ, ки дар ҳар куҷои дунё аз онҳо истифода мекунанд. Аммо, ба назари ман инҷо масъала ва мушкил ба муҳоҷирони тоҷик марбут нест, масъала ва мушкил миёни Путин ва Раҳмонов рабт дорад. Барои ҳамин ин ҳама фишорҳо болои муҳоҷирони кории тоҷикро дар дур шудани муносибатҳо ва пеш омадани сардӣ дар сиёсатҳои ду кишвар мебинам. Тоҷикистон солҳост ваъда медиҳад, ки шомили Иттиҳоди иқтисодии Авру Осиё мешавад, аммо намешавад. Зеро, ки даромади oилаи Эмомалӣ Раҳмонов зери хатар мемонад. Як сабаби фишори Русия ҳамин саркашии Раҳмонов аз пазируфтани узвияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст.

Аммо дар охир, ба ҳайси як нафар тоҷик ва як нафар шахси огоҳ гуфтаниам, ки хуб аст ки Паймони Миллии Тоҷикистон дар Аврупо ташкил ва фаъолият мекунад. Агар ин ташкилоти сиёсӣ аз байн равад, ҳатман ҷои онро гурӯҳҳое хоҳанд гирифт, ки дигар ҳеҷ созише бо онҳо имкон надорад.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Сипос аз шумо, ки қисмати нахусти матлаби ман дар бораи радикализм ва радикализатсия ва сабабҳои пайдоишу ривоҷи он дар байни мардуми тоҷикро,ки бароятон фиристода будам,чоп кардед. Ман корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошам. Аммо ному насабамро навишта ва баён карда наметавонам.

Ҳоло дар идомаи он навишта мехоҳам инро биафзоям, ки чи гуна метавон бо илми «Психология-Равоншиносӣ» дар ин бора роҳи ҳалл пайдо кард. Раҳмонов ва дарбориёни вай даъво мекунанд, ки ҳукумати дунявии демократӣ доранд. Раҳмонов ва чоплусони вай даъво доранд, ки муборизони тоҷик давлати исломӣ мехоҳанд ва дунёро дар чавкоти қоида ва аҳкоми шариат мехоҳанд бисозанд. Мухолифини тоҷик ҳеҷ гоҳ сохту шакли ҷамъиятро ҷудо аз ва ё мухолиф ба хостаҳои ҷомеа даъво накардаанд. Ин ҳарфҳо ва ин иттиҳом болои мухолифин беасос аст. Барои роҳи ҳал аз теорияи

«Иерархияи Маслов» гуфтаниам. Ин «Иерархия» дар чанд қисм зикр шудааст:

Физиология

Бояд ҳар як инсон ҷои зист, ғизо, чароғу гармӣ дошта бошад. Агар ҳамаи талаботи физилогии худро доро бошад ҳеҷ гоҳ ягон идеологияи вайронро қабул нахоҳад кард. Мисоли оддӣ, чаро аз Малайзия ва Индонезия ба гуруҳҳои тундрав ҳамроҳ намешаванд. Барои он ки мардуми он ду кишвар соҳиби ҳама талаботи физиологӣ ҳастанд. Алалхусус дар Бруней, ки пас аз оиладор шудан ҳукумат ҷавононро хона медиҳад ва аз лиҳози иҷтимоӣ ёри мерасонад.

Дар Тоҷикистон метавон ин гуна системаро ҷорӣ кард. Барои ҷавонону наврасон дастрасӣ ба ин талаботро бояд фароҳам намуд. Аммо, мутаассифона тамоми сарват ва даромадҳои миллӣ дар дасти оилаи Раҳмонов аст ва ба мардум ва алалхусус ҷавонон ягон зарра шароит вуҷуд надорад.

Бехатарӣ

Бехатарӣ ва ё амният масъалаи хеле муҳим мебошад. Дар ин ҳолат инсон ягон ҳарос аз нотинҷӣ надорад ва касе болои вай зулм намекунад. Агарчи чоплусҳо талқин мекунанд, ки Тоҷикистон амн аст, аммо амн нест. Облава ва таъқиб барои тамошои сайтҳо, барои намоз хондан барои гирифтани таълими динӣ, барои риш ва сатру ҳиҷоб аз лиҳози равонӣ ноамниро бор овардааст.

Милисаро дар куча мебинӣ биму ҳарос мекунӣ, на инки эҳсос кунӣ, ки ҳомии ҳуқуқи ту аст. Ҳатман ягон баҳона карда ба ту дармеафтад: «ана саг омад, ҳози бо сум мега ягон притензия карда».

Дар роҳ мошинро ронда истодаӣ яке аз паси кунда ё дарахт як милисаи дигар давида мебарояд ва радар дар даст албатта роҳи пулканиро меёбад. Раҳмонов гуфта буд, ки 30% ГАИҳо ихтисор мешаванд, аммо баракс зиёд шудаанд.

Ягон сухан аз ҳақ, дин, адолат ва ё ҳифзи ҳуқуқи худ гуфта намешавад ва агар гуфтӣ  мебаранд то мурдан мезананд ва бо модда 307 5-8 сол  равонаи зиндон мекунанд. Дар масоили сиёсӣ тамоман бояд сокит бошед. Тоҷикистон барои ҷавони тоҷик ягон зарра амният надорад.

Иҷтимоӣ

Дар масъала хеле муххим мебошад, ки мардум ба як гурух кабул карда шавад ва назар бадгарон дар як сатх дида шавад.

Яке аз ҷиддитарин мушкилот, ки мардумро ба самти радикализм тела медиҳад набуди адолати иҷтимоӣ ва рузбаруз фосилаи калон пайдо кардани табақаҳои мардум мебошад. Як ҷавони тоҷик танҳо барои он наметавонад бо дустдоштаи худ оила бунёд кунад, ки маблағ надорад вале як ҷавоне, ки падараш ё амакаш соҳиби вазифа ва амалдор чунин мушкил надорад ва падару модар духтари худро бароварда медиҳад.

Як ҷавони одиву аз оилаи камбағал дар баробари як ҷавони доро дар Тоҷикистон тамоман арзиш надорад. Ҳама арзишҳо ҳоло бо сум ва дороӣ чену баркаш мешавад. Эҳтирому ҳурмат ва иззату шарафи инсонӣ ҳам аз ҳамин зовия муайян мешавад.

Мисоли оддӣ Гулов Диловаре,ки қариб ҳарруз дар тарабхонаҳои Душанбе бо мардум занозанӣ мекунад ва ҳатто соли гузашта дар Ҳисор милисаро паронд ҳар куҷо равад мардум даст пши бар мегиранд ва ҳамчун инсони баландмақом кабул доранд. Аммо як ҷавони соҳиби илму маърифат хушахлоқ хуштарбияро қабул намекунанд. Инҳо ҳама боис мешавад, ки ҷавонон ба роҳҳои бад гароиш пайдо кунанд.

Худшиносӣ

Дар ҷомеаи мо,ки имруз ба сар мебарем шароит тавре сохта шудааст, ки мо фақат дар бораи эҳтиҷоти модии худ, худ ва оилаи худро чи тавр сер кардан андеша мекунем. Хоҳишу ҳавасу орзуҳои мо амалӣ намегарданд, мо дар фикри худшиносӣ ва миллату ватандорӣ нестем. Дар ҳоле, ки фитрати инсон, талаб мекунад, ки роҷеъ ба чизҳои дигар ҳам андеша кард. Мо на ҳақи интихоб дорем ва на мувофиқи арзишу ҳадафҳоямон зиндагонӣ мекунем. Табиист, ки ҳар шахс дар зиндагӣ кӯшиш мекунад, ки орзуҳои худро амалӣ созад ва мақомоти роҳбарикунанда бояд барои ин шароит фароҳам оранд. Ҷавонон кӯшиш хоҳанд кард, ки вақти бештареро ба омӯзиш ва навоварӣ сарф кунанд, то фазои беҳбуд барои рушд фароҳам оранд. Аммо дар Тоҷикистон насли ҷавон имкони беҳбудӣ ва рушдро надорад, зеро ҳамеша бо ниёзҳои худ барои зинда мондан банд ҳастанд. Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон ҳукумат як зарра кушиш намекунад, ки барои рушди ривоҷи зиндагии  мардум имконият фароҳам оварад, зеро аз рушди зиндагии мардум метарсад. Ин ҳукумат хоҳони он аст ки  мардум муваффақ нашаванд ва ҳамеша дар фикри пайдо кардани қути лоямут бошанд. Насли ҷавони Тоҷикистон бояд имкони худшиносиро дошта бошад вале ҳукумат ба таври сунъӣ масъалаҳои мухталиф эҷод мекунад. Аз ин рӯ, насли ҷавони мо асосан барои  зинда мондани худ талош мекунад, яъне барои ишками худро сер кардан. Дар ин ҳолат, ки ҳамеша эҳтиёҷоту муҳтоҷиро ҳамроҳ дорад, зуд таҳти таъсири андешаҳои радикалӣ меафтад. Ба ваъдаҳои осмонӣ ва ғайривоқеъӣ бовар мекунад, чунки зиндагии вазнин ва ҳамеша нобоб дорад.

Маскав

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Ман дар шаҳри Маскав ҳастам. Инҷо вазъи муҳоҷирони кории тоҷик рӯзторӯз ва беш аз пеш бадтар шуда истодааст. Мо бисёр умедвор будем, ки баъди дидору мулоқоти Раҳмонов бо Путин дар Маскав дар рӯзҳои Иди Ғалаба ягон беҳбуд ба амал меояд. Аммо ин вохурӣ ҳеҷ чизеро бар манфаати муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия иваз накард. Баракс, шароит барои муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар ин кишвар аз буда ҳам ҳам бадтар шуд.

Ҷои ташвишу нигаронӣ он аст ки Қазоқистон низ шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки барои нақзи қонунҳои Русия депорт шудаанд, роҳ надода истодааст, ки вориди ин кишвар шаванд.

Хабарҳое мерасанд, ки аз барнома ва тарҳҳои байни кишварҳои СНГ Тоҷикистонро хат зада истодаанд. Ҳатто дар нишастҳои кориашон даъват накарда истодаанд.

Суҳбатҳои Раҳмонов бо Путинро ҳам тамошо карда боз ҳам ноумедтар шудем. Раҳмонов ба Путин мегуяд, ки калонтарин базаи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон аст. Гуё Путин намедониста бошад, ки дар Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбӣ дорад ва ё Раҳмонов гуфта истодааст мо тамоми ин ҳама муддат бо шумо будем ва ба шумо ҳастем. Ин суҳбатҳо  ҳиҷ ба суҳбатҳои як раиси ҷумҳурӣ монанд набуд.

Ин суҳбатҳо шабеҳ ба талабаи вазифаи хонагиро иҷро накарда дар назди муаллим ва ё як  гумонбар ба гуноҳе дар назди муфаттиш буд. Раҳмонов мекебиду мекалавид, устувор ва муҳкам набуд. Дузди ба даст уфтода ва муши ба об ғалтидаро мемонд.

Раҳмонов бо ин ҳама терроризму экстремизм гуфтанҳояш тоҷикҳоро дар сартосари дунё бадном кард. Путин хуб медонад, ки дарди Раҳмонов аз терроризму экстремизмнавозӣ чизи дигар аст. Русия ҳолати Тоҷикистонро дорад бад мекунад.

То онҷо ки шунидам Хадамоти федеролии амнияти Русия

ФСБ бачаҳои тоҷикро таҳти фишор қарор дода истодааст, ки ҳаммилатони худро бифрушанд. Ҳатто маҷбур карда истодааст, ки тавассути бархе аз ҷавонҳои тоҷик ҷавонҳои дигарро водор созад ба ҳисобҳои гуруҳҳое мисли ДОИШ пул фиристанд ва баъд раванду хабар кашанд.

Дар ҳақиқат ин шумораи бузурги шаҳрвандони тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд як фишанги тавонои фишор болои Тоҷикистон аст.

Ҳам Путин ва ҳам Раҳмонов медонанд, ки бар фарзе 100 ё 200 000  аз лашкари семиллионаи тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон баргардад ҳамагуна ноамнӣ ва исёну ошубҳо баргузор мешавад, ки метавонад ҳукумати Раҳмоновро сарнагун кунад. Путин медонад, ки мардуми тоҷик Раҳмоновро базур тоқат карда истодааст. Як ҷарақа кофист, ки Тоҷикистон дигарбора ба оташи ҷанг кашида шавад.

Дар ҳар ҳолат вазъияти робитаву алоқа миёни Тоҷикистон ва Русия дар вақтҳои ахир ва махсусан баъди ҳамлаи террористӣ дар Крокус бисёр бад шудааст.

Мо дар Русия сайт сомонаҳои тоҷикиро дунбол мекунем. Барои исботи онки алоқаҳо байни Тоҷикистон ва Русия бад шудааст, на фақат вазъияти муҳоҷирон шоҳидӣ медиҳад. Барои мисол аз сайти газетаи СССР хондам, ки хабарнигори онҳоро ҳам дар Маскав хуб напазируфтаанд. Ин нашрия навиштааст,ки

«Рӯзи 3-юми май бо даъвати ходимони Маркази матбуоти Президенти Россия дар шаҳри Москва ба дафтари он ҳозир шудем. Дар қатори ягона мухбири тоҷдорони рӯзномаи мардумии “СССР” зиёда аз 1000 мухбири ВАО-и дихилӣ ва хориҷӣ барои иштирок дар паради 79-умин солгарди Ғалабаи мардуми Шӯравӣ аз болои фашизми гитлерӣ барои гирифтани иҷозатнома (корти хабарнигорӣ) муроҷиат кард.

Дохили иморати Маркази матбуоти Президент шуда, шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистонро ба қабулгоҳ нишон додам. Ходими Марказ шиносномаи тоҷикиро дидан баробар, аз ҷо 1 қад парида, аввал ба ҳамкораш, баъд ба ман нигоҳи аҷоибе кард, ки гӯё аз чизи хеле ва хеле ваҳшатноке тарсида бошад. Мумкин ба даст шаҳодатномаи тоҷикистониро гирифта, гӯё худро гунаҳкор карда бошад…

Баъдан маълум шуд, ки аз “боло”, яъне роҳбарияти хадамоти бехатарии Кремл дастур шудааст, ки ҳар гуна ҳуҷҷати аз Тоҷикистон омадаро зери назорати махсус гирифта, ҳушёрии дараҷаи аввалро эълон кардаанд, лекин дар миёни 1000 хабарнигор, мухбири “СССР” ягона ва чанд сол аст, ки дар Москва рӯзноманигорӣ дорад.

Муколамаи СССР бо Кремл

-Бо дуруд!-гуфта ба ходими Марказ муроҷиат кардам.

-…-аз ваҳми баланд бошад, ки саломро фаромӯш кард.

-Муҳтарам ҷаноби Марказ! Мебинам, ки ҳатто аз дидани 1 шиносномаи Тоҷикистон шуморо сахт чизе тарсонд, ин аз барои чӣ бошад?

Ходимро аз ному насабаш на дар пеши синаву на рӯйи мизаш нишоне набуд, ба ман бо рӯйи аз тарс каме сурхшуда, нигоҳ кард.

-Ҳи, ҳи, ҳи… Ннее, маан ҳамту нигоҳ кардаам, -гуфта, шиносномаро ба 1  нафари боз ҳам бе ному нишони дигар дароз кард. Ин ҷаноб, аз рӯи номи падару номи ман иҷозатнома (корт)-и барои иштирок дар 79-умин солгарди Ғалабаи мардуми Шӯравӣ аз болои фашизмро аз сандуқча ёфта, ба ман дароз кард. Фаҳмид, ки ҳамкораш хатои азиме карда, ки ислоҳаш маҳол аст, мулоимии худро нишон доданӣ шуд, ки он тарси ҳамкорашро рӯпуш кунад, лекин “Ӯ” натавонист.

-Ооо. Ҳи, ҳи, ҳи. Чӣ хеел номи зеебои аҷоииб, рӯзномаи “СССР”!? Ин “СССР”-аш дар куҷо бошад? –гуфт бо хандаи заҳрнок.

-Дар Тоҷикистон. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол. Медонед, ки чунин кишвар бо Россияи дӯст арзи ҳастӣ дорад?!-бо сари баланду садои баланд гуфта, худро шинос кардам.

-Хееле хууб, хееле олиҷанооб. Аввалин бор унвони чунин рӯзномаро мебинам.

-Барои чӣ? Ин рӯзнома наздики 18 сол то ин ҷониб дар Осиёи Миёна хеле фаъол аст ва мухбираш низ дар Вазорати корҳои хориҷии Россия аз қайди расмӣ гузашта, солҳост, ки дар қаламрави Россия ва ба хусус дар бузургшаҳри Москва, дар Кремл, хабарнигорӣ дорад. Афсӯс, мебинам, ки Шумо ба дигарон кам аҳамият медиҳед, ҳатто ба назар ҳам намегиред, бисёр замон эҳтиром низ намекунед, ки камбудии хеле гарони шумост гардидааст.

Ба ҳамин аҳвол, чанд корманди Марказ фаҳмиданд, ки пеши мухбири “СССР” ноэҳтиромӣ, гуноҳи азим карданд, ноилоҷ сари хам “бубахшед” гуфта, маро гусел карданд.

Хулоса, барои намойиши ин маъракаи муҳими “9-май-Рӯзи Ғалаба” мухбири “СССР” аввалин бор иҷозати расмӣ гирифта, барои иштирок омодагӣ дорад. Репортажи моро интизор бошед. Мо метавонем!»

Шамсиддини Муқим,

Москва, Майдони Сурх,
“СССР

Ин навишта ҳам далели мувассақи он аст ки на фақат дар гузаргоҳҳову марзҳо, дар шуъбаҳои милисаву дигар идораҳои Русия тафтишу бозҷуии  тоҷикҳоро сахт кардаанд. Ҳатто ба хабарнигори тоҷик бо шакку шубҳа менигаранд. Ва хабарнигори ин нашрия ҳам навиштааст, ки тафтиши асноди ӯ бо дастури Хадамоти амнияти Президенти Русия сурат гирифтааст.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №143 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №142
Аз ин даст номаҳо дар шумораҳои қаблӣ ҳам чоп шуда буданд. Аммо ин бор нафаре, ки шоҳиди мустақим ва корманди худи мақомот аст, ҳикоят мекунад. Акнун ин худсарӣ ва ҳавобаландӣ аз тарафи фарзандону наздикони мақомот, махсусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар саросари кишвар ба як кори муқаррарӣ ва маъмулӣ табдил мешавад. Онҳо ҷиноят содир мекунанд, масалан бо мошинҳои гаронарзиш  масту аласт ва ё ширакайф кардагӣ мошинеро ё пиёдагардеро мезананд, вале он балоро бар души нафари дигар бор мекунанд. Худатон хонед худатон қазоват кунед:

Бустон

Ассалому алейкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин!
Ман,корманди милитсия аз шаҳри Хуҷанд ҳастам. Мехоҳам аз ҷинояти яке аз бачаҳакои Раҳмонов, ки дар шаҳри Бӯстони (Чкаловск) санаи 12 май сурат гирифт, нависам.
12 май дар Бӯстон яке аз хешу таборони бодовардаҳои баландрутба бо як бачаи одии фарзанди камбағал, ки бошандаи вилояти Суғд, яъне ба гуфти бодовардаҳои шаҳри мо лелнаботӣ аст ба садама дучор мешавад. Дере нашуда он бачаҳаки боло ба сардори милисаи вилояти Суғд –Абдулло Навҷавонови Буратино занг мезананд. Баъдан ба яке аз ҷураҳои падараш, ки дар мақомоти Душанбе фаъолият мебарад занг зада мехоҳад ,ин ҳодисаро аз души худаш ба гардани ҳамон бачаи бегуноҳ партояд.
Мошини ин «бачаҳаки Раҳмонов»1111/01 номери Душанбе мебошад. Мошинаш мошини бадвоҳимаи бузбала тамғааш Ҷип аст. Тонировка дорад. Мошини он бачаи бетағаи бечора бошад Опели хокистарранг аст, номераш 02 яъне мошини «Лелнабот». Ба ҷои садама моро равон карданд. Тақрибан 25 нафар корманди мақомот онҷо ҳозир шуд. Ҳамчун одами шоҳии зинда ба шумо мегӯям, ки ин бачаи суғдӣ не виноват буд.
Сардори милитсия ҳамроҳ бо прокурор ва сардори амнияти вилояти Суғд онҷо рафтанд ва тарзе карданд, ки ин бечора, бачаи бегуноҳ гуноҳи накардаашро ба гардани худ бигирад. Сардори милитсия тамоми кормандоне, ки онҷо рафта буданд маҷбур кард, баёнот нависанд. Мо кормандони милитсия аз аввал фаҳмидем, ки он бача бегуноҳ аст. Аммо чи хеле ки маълум аст вай ягон таға ё амаки рутбадор надошт ва ин сабаб шуд, ки ӯро гуноҳкор карда ҷарима кунанд.
Баъд аз ин воқеа тамоми кормандони ҳифзи ҳуқуқи Хуҷандро баландрутбаҳои хатлонӣ заставит карданд, ки баёнот нависанд ва дар баёнот навишта шавад, ки дар ҷои садама ҳеҷ кадом видеокамера набуд то ин қазияро ҳеҷ кас нафаҳмад.
Билохира он бачаҳаки Раҳмоновро ягон чизаш нагуфтанд ва бачаи лелнаботӣ бошад ба сардори милисаи хуҷанд ва БДА пул доду як бало карда озод шуд.
Ин кор баъди перестановкаҳои кадрии бачаи Марями гурсухта сурат гирифт.

Ҳоло бошад Хатлон 2 яъне Бӯстон воқеан ба як рустои кӯлобиҳо мубаддал шудааст. Инҷо ҳеҷ кадом суғдӣ ҳақу ҳуқуқ надорад. Ман инро гуфтаниам, ки Раҳмонов бояд аз ин кадрҳои навтаъинкардааш бояд огоҳӣ дошта бошад, ки чи кор карда гаштаанд? Инҳо бо ҳар роҳу васила аз мардум пул мегиранд, маҳалгароӣ ва қавмпарастӣ мекунанд. Аслан тамоман шарму ҳаё надоранд.

Мардуми мо ба ҳадде «гизала» шудаанд, ки омодаанд, тамоми ин авлоди касифро шу диҳанд. Нару модаашро шу додан мехоҳанд.

Инҳо ҳоло корҳои рекэтҳоро карда истодаанд. Аз мағозаҳою бозорҳо доя мегиранд. Парковкаҳои бепул пулакӣ шуданд. Дар фурудгоҳи Бустон ончунон ғоратгарӣ рафта истодааст, ки ҳисоб надорад. Аз як бачаи призивник, ки Русия меравад то 5000 сомонӣ гирифта истодаанд. Ман ҳамаи ин хитобҳоро ба як ҷумла ҷамъбаст кардаам ва мехоҳам онро инҷо кутоҳ гуфта монам:
«Гури Марям қасарқасар дар гирад қати ин хутикҳои таваллуд кардааш «.
Агар ин режими Раҳмонов дар Хуҷанд мардумӣ мебуд инҳо гузориш медоданд. Аммо афсӯс дар Тоҷикистон ғайр аз Юсуф Раҳмон ва Рамазон Раҳимзода ягон прокурор ва сардори милиса ва корманди мақомот ҳақ надорад гузориш диҳад, чунки барои Раҳмонов ва мақомоти бодовардаи вай ҷони ягон суғдӣ ва сокинони дигар манотиқи кишвар аслан арзише надорад. Аз ин чизҳо бояд мардуми шариф ва бузурги Суғд огоҳ бошад, то ки дар ояндаи наздик занҳои ин бачаҳакои бодовардаро шу диҳанд.
Дар оянда, агар шумо номаи манро бе тағйир нашр кунед ва ба ман маъқул шавад, бештар ба шумо аз КГБ, милисаҳо ва уголовний розиски Хуҷанд маълумот ва номаҳо ирсол мекунам.

Ба ҳар ҳол мардуми Хуҷанд барои инқилоб омодаанд,инро бояд бидонед.

Ps: Ончии навиштед мо онро нашр намудем. Аммо дигар дар навиштаҳоятон дар умум мардуми Хатлон, Кулоб ва дигар манотиқи кишварро дар умум таҳқир накунед. Мардумони ин маноиқ гуноҳ надоранд ва инҷо танҳо Раҳмонов ва низоми давлатдорияш мушкил дорад. Аз ҳақ набигазарем ҳоло шуморо агар ягон вазифа диҳанд дар ҳар минтақаи кишвар шумо аз он бодовардаҳо бадтар мекунед. Аз ин хотир мардуми ҳеҷ минтақаро дар умум таҳқир накунед!

Шоҳмансур

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Матлаби шуморо дар бораи Раҳмонов ба ҷуз аз зону задан дар назди Путин чора надорадро хондам. Дасти шумо дард накунад. Дуруст навиштед ва Раҳмонов, чуноне аз суҳбатҳояш ҳам пай бурдед ва аз қиёфааш ҳам огоҳ шудед, дар назди Путин мисли гунаҳкорҳо шишта буд. Ҳоло агар Раҳмонов ягон кор накунад ҳам, инро бидонед, ки ҳадафу нақшаи овардани бачаи наркоманаш ба ҷойи худаш ин худ як муттаҳамии калон,як забонкутоҳии бузург аст. Чунки Путин вазъу ҳоли тоҷикҳоро аз Раҳмонов беҳтар медонад. Чунки тоҷикҳо фактически гражданинҳои Путинанд, зеро ин Путин аст ки моро нону об дода истодааст. Аммо Раҳмонов ҳукумат ва курсиро дуздида истодааст. Вай аз дасти Путин дуздида истодааст. Бубнед чи гуфт, тамоми ин муддат мо бо шумо будем бо шумо мемонем.

Устод, ман ба шумо чи гуфтан мехоҳам? Раҳмонов ба Русия на барои ҳалли мушкилоти миллатамон ва  муҳоҷир рафт, вай барои корҳои худаш-аз ҷумла масъалаи Рустам суҳбат кард. Путин баъди дигарбораи сари курсӣ нишастан чанд барнома дорад. Раҳмонов бояд бо ягон роҳ, сода карда гуем, дили Путинро бояд ёбад. Путин пештар ба Рахҳмонов конкретӣ гуфта буд, ки бояд ҳукумати Толибонро қабул ва эътироф ва робитаро оғоз кунад. Ғайр аз Путин инро ба Раҳмонов дар дохили оилааш ҳам мегуянд. Аммо аз чи бошад, ки Раҳмонов накарда истодааст.

Яке аз нақшаҳои Путин ин қабули ҳукумати Толибон ва баровардани онҳо аз руйхати созмонҳои террористӣ аст. Баъди ин кор қарор аст бастани шартномаҳои миллиарди бо Толибон ва ҳамкории ширкатҳои русӣ бо онҳо роҳандозӣ карда шавад. Ҳамчунин гуфтушунидҳои паси парда бо Толибон оиди ҷалби онҳо дар ҷанги Украина ҳам рафта истодааст, ки натиҷааш баъди эътирофи Толибон аз ҷониби Русия хохад шуд. Яъне Толибон аз тарафи Русия бар зиди Украина бояд биҷанганд.

Барои ҳамин  сафари Раҳмонов ин фақат ва фақат барои манфиати худаш ва оилааш буд.

Бинобар маълумотҳои расида Путин, бори охир ба Раҳмонов гуфта будааст ,ки «Эмомали Шарипович вы должны провести внеочередные выборы Президента». Раҳмонов талхакаф шуда пурсида буд, ки « а зачем, в этом нет необходимости Владимир Владимирович…

… поверьте есть, Эмомали Шарипович ,гуфта будааст Путин.

То имруза ин гуфтаи Путин Раҳмоновро талхакаф када буд. Баъзеҳо мегуянд, ки Путин Раҳмоновро гуфтааст, ки выбори внеочередной гузарону хешу таборҳоятро гир аз вазифаҳо.

Барои ҳамин Раҳмонов на фақат зону мезанад, мелесаду мемолад. Чунки вай вечно муттаҳам аст дар нази русҳо.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман мехоҳам дар бораи радикализим ва радикализатсия ва сабабҳои пайдоишу ривоҷи он дар байни мардуми тоҷик бароятон нависам. Корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошам. Маълум аст ки ному насабамро навишта ва баён карда наметавонам.

Мафҳуми «радикализатсия» чи маъно дорад? Дар Википедия ҷавоби кутаҳ чунин аст: «Радикализатсия — равандест, ки тавассути он шахс ё гурӯҳе ба қабули ақидаҳои афзояндаи радикалӣ дар муқобили вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ё динӣ меояд».

Бо забони осон ва кутаҳ вақте «як нафар ва ё гуруҳе назария ё идеологияи даҳшатафканро қабул мекунад,ҳаракат мекунад, ки мардум ва ҷомеаро дар зери зулму даҳшат идора кунад.»

Ҳамин мафҳум ва ҳамин тафсирро ба ҳукумати Тоҷикистон нисбат диҳед ва каме фикр кунед, ки оё Раҳмонов ва оилаву ёрони вай «радикал» нестанд?

Агар дар инсон ягон дард пайдо шавад, пизишк сабаби дардро фаҳмидан мехоҳад ва пас аз он метавонад роҳи пешгирӣ ва муолиҷаро ҷуяд. Аз ин лиҳоз мехоҳам дар инҷо сабабҳоро як ба як баён намеоям.

Вазорати маорифи Тоҷикистон роҳ барои коррупсия, ҳаромхурӣ ва фаҳшоро пеша кардааст. Аммо дар давлатҳои пешрафта ва ру ба пешравӣ ҳамеша ҳаракат мекунанд, ки аҳолӣ босавод ва соҳиби илм бошад.Табиист,ки агар илму маърифат дар ҷомеъа беқадр бошад, мардум бесаводу чалласавод мешавад. Мардум аз саводу илм дур шаванд мағзшуии онҳо хело осон мешавад ва онҳо қурбонии ба ном муллоҳое мешаванд, ки онҳоро ба осонӣ ба роҳи гумроҳӣ ва радикалӣ роҳбалад мешаванд.

Барои тавзеҳу ташреҳи масъала бо мисол одӣ мехоҳам ба шумо расонам, ки мардуми тоҷик ва алахусус ҷавонон аз руи руйхати  вазорати дохилӣ ва маълумоти вазири дохилӣ Тоҷикистон то соли 2010ум хеле кам ва ба шумори умумӣ то 100-150 нафар аъзои гуруҳҳои тундрав буданд.

Аммо пас аз соли 2015 танҳо аъзои гуруҳҳои тундрави «Алқоида» ва ДОИШ зиёда аз 1000 то 2000 нафарро ташкил медиҳад. Сабаб дар он аст  ки ҳукумат муллоҳо ва олимони диниро дар Тоҷикистон аз руи саҳна дур кард. Аз ҳамон сол дигар мардум дар масҷид аҳкоми динӣ, фарҳанг, роҳи ҳалол ва омузиши чораҳои пешгирӣ аз роҳҳои радикалиро аз даст дод. Муллоҳо ба монанди Саидмукаррам ё ҳоҷӣ Мирзо ва Ҳусейнзода  ҳамеша дар мавъизаҳои худ аз пешвопарастӣ ва бадгуӣ дар нисбати ҳар касе, ки сухани ҳақро мегуяд сар карданд. Вақте як инсон наметавонад илми исломӣ ба даст оварад, соҳиби фаҳмиши   исломи хҳақиқӣ шаванд пас мераванд аз паси инсонҳои чалламуллову онлайнмуллоҳое, ки баъзе аз онҳо ҳатто аз «қоидаи бағдодӣ» дарак надоранд. Мисоли оддӣ ҳамон Искандари «Маданӣ»,ки  якчанд наворҳояшро тамошо кардам. Дар ҳоле, ки худ мулло нестам лек хатогиҳои таллафузии уро зиёд пайдо кардам. Акнун ҷавони тоҷик ҳамингуна муллоҳои ба қавли Расули Какрам  «муллоҳои гумроҳкунанда» ва даҷҷолчаҳо омузиши динӣ мегиранд.

Дар суҳбат яке аз мусулмонҳои сиёҳпусти Амрико ҳикоят кард, ки маҳз ҳамин дини ислом буд, ки сиёҳпустони мусулмонро, ки ба ҳайси ғулом ба Амрико оварда буданд ва тамоман ноумед аз зиндагӣ ва дунё шуда буданд, бо орзуву умеди охират руҳияи онҳоро боло доштааст.

Яъне, вақте инсон аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вазъи бад дошта ва умеде ба фардо надошта бошад, танҳо умед аз охират пайдо мекунад. Ҳамчуноне чанд пайрави ДОИШ гуфта буданд «мо медонем, ки шаҳид ва дар биҳишт дорои ҳама чиз мешавем». Чунки онҳо дар дунё ноумед ҳастанд. Ҷавони тоҷик пас аз хатми синфи 9 медонад, ки пас аз ду сол паспорт мегирад ва ба Русия меравад ва соҳиби кор шуда сум роҳӣ мекунад, то онки хонаро обод кунад ва сум ҷамъ кунад ва пас соҳиби оила мешавад. Лек дар ҳақиқат дар як сол ду маротиба маблағ бояд диҳад, ки аз «ОБЛАВА» озод шавад. Пас ба Тоҷикистон меравад ва барои як қитъа замин доля медиҳад ва боз дар ҳарҷо коргарони Рамазон Раҳимзодаи Чеки Чан пора талаб мекунанд ва он орзуву ниятҳои ҷавон пура барбод меравад. Пас ҷавон ба 28-30 солагӣ мерасад ва ними саломатиашро аз даст додааст ва оиладор мешавад ва боз зиндагӣ дар азоб боз ҳам руй мекунад ва ба YouTube медарояд ва чунин лаънатиҳое,ки ба монанди Маданӣ ва Лангулиро тамошо мекунанд. Дар як ҳолати ноумедиву яъс таҳти таъсири ин таблиғот меуфтад, ки ин дунё киро намекунад. Боз бо ягон радикали корманди Кумитаи Амният ҳамсуҳбат мешавад, ки ӯро дъават ба гуруҳҳои тундрав мекунад ва билеташ мехарад ва ёриаш медиҳад, ки ӯ равад дар хориҷа худашро тарконад. Яке аз дӯстони наздик, ки дар Кумитаи амният кор мекунад гуфт, ки гурӯҳе мушаххас аст, ки зиёда аз 300 коргар танҳо дар Инстаграм, Фейсбук, Вконтакте, Однакласники ва Телеграмм кор мекунад, ки ҷавонҳои руҳафтодаро дорад. Ва ягон касро ба даст афтода ӯро ё равон мекунанд барои худкушӣ ё агар каме доро бошад ба гуфти кучагӣ «гови ҷушо» мекунанд. Сардори ҳамин гуруҳи махсус лақаби «домулло» дорад ва аз руи гуфти дустам худ мулло ва имомхатиби яке аз масҷидҳои ҷомеъи Душанбе мебошад. Қисса кутаҳ аз ҳисоби танқисӣ дар зиндагӣ инсон аз рӯи табиати худ дар кофтукоби зиндагӣ хуб комфорти мебошад ва аз лиҳоз ҳамеша кушиш мекунад, ки роҳи осонро пеша мегирад.

Сиёсати Пешво зулму залолат ба сари мардуми точик овард. Ба забони илми Психология «беэътиноӣ» ба сари мардум оварад, ки инсон тамоман аз ояндаву зиндагӣ дар чунин муҳит норозӣ ва нобовар аст.

Ҳамеша ба ҳама гуна расвоӣ розӣ мешавад то ин гуна ҳаётро ба охир расонад. Вақте  ҷавони тоҷик худ ба худ фикр мекунад, ки чаро Рустами гунг любой чиз бихоҳад дорад, чаро Исмоили Пингвин соҳиби тамоми шароит ва вазифа аст ва чаро Сомони сабзи ба даст  бо ин ҳама бесаводии худ метавонад соҳиби вазифаҳо шаваду шаҳрванди хориҷӣ ҳам бошад аммо ман ҳатто нони серӣ ба даст оварда наметавонам? Ман соҳиби дипломам аммо соҳиби ягон вазифа шуда наметавонам ва ҳақе надорам, ки оянда ҳам соҳиби вазифа шавам. Дар ана ҳамин гуна мавридҳо таҳти таъсири ана ҳамон муллоҳо қарор мегирад. Ин ҳама ноадолатишоро мегуяеду мегуянду сари он ҷавонро мегардонанду тоб медиҳанд. Яъне ин Раҳмонов аст ки ҷавонҳоро ба самти радикализм тела медиҳад.

Ҷавони тоҷик аз хурдсоли дар мактаб ва масҷид ва назди муллоҳову отунҳо дарси динӣ мегирифт. Ин раванд дар тули таърих, аз ҷумла дар замони шуравӣ низ амал мекард.

Пас аз омадани Ислом ба сарзамини мо, тоҷикон пешсафтарини мусалмонҳо дунё ,аз таърих бармеояд,ки илму маърифат ва инновацияҳо аз тарафи тоҷикон сарчашма мегирад. Аммо ҳоло ҷавони тоҷик чунин нест ва дар Русия қадраш аз саги соҳибкор садҳо маротиба пасттар аст. Тамоман иззту эҳтиром надорад. Ҷавоне, ки каме илм аз таърихи миллати худ дорад ва ҳолати ҳозираро дар Русия ва Тоҷикистон мебинанд хеле рӯҳафтода мешавад ва роҳи беҳтарини «самореализатсия»ро ҷустуҷу мекунад ва дар охир ба ҳамин роҳ ба доми радикалҳо афтода идеологияи онҳоро пурра қабул мекунад.

(идома дорад)

Хоруғ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман зодаи Роштқалъаам. Феълан дар як иёлати Амрико зиндагӣ мекунам. Сину солам дигар аз кор гузаштааст .Солҳо дар ҳукумат ва вақтҳои ахир дар Маҷлиси олӣ кор кардам. Ҳоло ҳамроҳ бо духтару набераҳоям ҳастам.

Дар расонаҳо хондам, ки бархе аз созмонҳо аз Амрико хостаанд, ки барои нақзи ҳуқуқ ба озодиҳои динӣ масъулони соҳаро дар Тоҷикистон таҳти муҷозот бигирад ва мамнуъулсафар карда суратҳисобҳои онҳо дар хориҷаро бандад.

Ин иқдом саддарсад дуруст аст агарчи хеле дер шудааст. Вале бояд ин корро бо худи Раҳмонов ва наздикони вай кард.  Ба камтарин ҳисоб худи Раҳмонов ва аъзои оилаи вай даҳҳо баробар аз пули бюҷети давлатӣ пул ба хориҷа ба суратҳисобҳои офшориашон интиқол додаанд.Онҳоро бояд таҳти таҳрим –санксия қарор дод. Ин Раҳмонови ғайридин ҳам ба мардуми пайрави тасаннун ва ҳам ба мо-бадахшиҳо пайравони мазҳаби ташаюъ бисёр ҳам бадрафторӣ кард ва ҷамоатхонаҳои мо ва халифаҳои мо ва махсусан аълоҳазрат, ҳозиримом, Оғохони 4ро бисёр ҳам таҳқир кард.Ман мутаминам, ки як руз не як руз, ин номардро худо мезанад.

Ва, ҳоло як ҳодисаи аз сари худам гузаштаро нақл мекунам. Вақте Ҷаббор Расулов, Котиби аввали ҲКТ даргузашт аз сейфаш ҳамагӣ 20 ҳазор рубл пасандоз баромаду тамом.

Ҳозир Раҳмонов ва аъзои оилаи вай миллиардҳо доранд! Ҳатто дар ҷойҳое барои худаш дача ва макони тафреҳу истироҳат ташкил карда ва онҷоҳоро бо евроремонт таъмир кардааст, ки зоғ ё каргас базур роҳ меёбад. Дар Искандаркул, Панҷакент,Норак, Варзоб,Муъминобод, Роғун, дар дигарҷоҳо барои худ ҳамингуна истироҳатгоҳҳо сохтааст, ки фақат бо чархбол метавон рафт.

Дар Душанбе системаи гармидиҳӣ ва канализатсия  дуруст кор намекунад. Ончиро ки буд хароб кардааст. Аммо дар тори куҳ барои худаш шароити биҳишт сохтааст.

Ҷаббор Расулов Норакро сохт. Аммо Раҳмонов пулҳои Роғунро ба авлодаш,  бо Ҳасану Озодаву дигару дигараш ончунон дуздиданд, ки бо он пулҳо мешуд боз як Роғуни дигар сохт. Ҷаббор Расулов ободкору созанда буд, на сӯзандаву яғмогар чун ту! Хурокашро ҳатто ҳамсараш мепухту худи вай макказор ба макказор, пахтазор ба пахтазор мегашту дастуру супоришҳо медод. Вале, бо ҳама дастнишондагиву вобастагиаш ба Кремлин  Роғун месохту Анзобу Нораку ТадАЗ. Вале ту бо ин қадар унвону медалёну «қаҳрамониҳоят» барои ин мардум чӣ додӣ?

Э, мардум!, ба умеди Раҳмонов нашавед. Талко 450-500 000 тонна истеҳсол мекард. Ҳоло 60.000 тонна. Ин аст муқоисаи Расулов бо Раҳмонов. Расулов дар квартира ҷон бохту қасри Раҳмоновро бинед, ки чи гуна аст?

Пенза

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман чандин сол аст ки сайти «Ислоҳ»-ро пайгирӣ ва мутолиа мекунам. Инҷо бо зану фарзандонам зиндагӣ мекунам. Дар як муассисаи олии ин шаҳр дарс медиҳам. Баъд аз ҳодисаи «Крокус ночор шудам, ки фикру андешаамро дар иртибот ба ҷавонҳои тоҷик ва инки чаро онҳо дар актҳои террористӣ ширкат меварзанд баён созам. Албатта, ин дар ихтиёри шумо аст ки нашр мекунед ё не ва ё инки алоҳида нашр мекунед ва ё дар таркиби барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» низ ба салоҳдиди шумо аст.

Ба назари ман ва ба фикри аксарияти коршиносон иллати асосии иштироки ҷавонҳои тоҷик дар ҳодисаҳои террористӣ ин ҳукумати Тоҷикистон ва сиёсатҳои саркубгароёнаи он махсусан дар нисбати дини ислом аст. Ҳукумати Тоҷикистон дар муносибат бо дини ислом як мавқеъи пур аз хушунат ва хусумат дорад. Ва ба назари ман муҳимтарин мушкилоти имрӯза дар Тоҷикистон ин муборизаи сахту шадиди ҳукумат бар алайҳи ҳама дигарандешон дар тамоми қишрҳои ҷомеа аст. Вай бо баҳонаи мубориза бо терроризм сиёсати исломҳаросӣ ва исломситезиро пеша кардааст, ки он вокуниши чапа ва манфӣ ба бор меоварад. Аз тарафи дигар Эмомалӣ Раҳмонов дар тули ҳокимияти 32 солаи худ  ягон коре накард, ки  ба некуаҳволии мардум равона шуда бошад.

Тамоми арсаҳои даромадноки иқтисоди Тоҷикистон дар дасти Раҳмонов ва оилаи вай қарор дорад. Аксарият секторҳои иқтисоди Тоҷикистон дар дасти хешу табор ё дар дасти аъзои оилаи Эмомалӣ Раҳмонов аст. Аз коркарди алюмин оғоз карда, то экспорти барқ, маъдану конҳои фоиданок ва ғайра.

Раҳмонов барои даромад ва суди ширкати хусусии «СомонЭйр» амдан ширкати давлатии «ТоҷикЭйр»-ро банкрот кард.Ҳоло дар пойтахт ширкатҳои таксӣ, меҳмонхонаҳо комилан дар ихтиёри оилаи Раҳмон қарор дорад. Оилаи Раҳмонов тамоми системаи бонку молияи Тоҷикистонро дар қабзаи оилаи худ даровардааст.

Аммо беш аз се миллион саканаи Тоҷикстон, зиндагонии худ ва оилаҳои худро дар берун аз кишвар меёбанд. Оё ин аз бад будани сиёсати иқтисодии як давлат далолат намекунад? Ҳеҷ ҷавони кишвари мо зиндагонии осударо намебинанд. Аз даврони кудакӣ падараш дар Русия аст ва вай тарбияро намебинад ва сиёсати маорифи ҳукумат тамоман   коррупсионӣ ҳаст. Пас аз хатми мактаби миёна бояд иҷборан ба хидмати аскарӣ бурда шавад ва ҷавон дар стрес қарор дораду бояд пул пайдо карда диҳад, то сарбозӣ наравад. Мумкин аст пурсед чаро фирор мекунад аз хидмати аскарӣ ? Барои онки дар онҷо ду сол ӯ ё ба бемориҳои гуногун гирифтор мешавад ва ё аз таҳти шаллоқу шатта қарор мегирад ва  ё мурдааш ба падару модараш супурда мешавад. Xидмати ҳарбӣ мисли як конслагер аст.

Ҷавонҳо ба берун мебароянд ва саддарсад имкон ҳаст ,ки ба ҳар гурӯҳҳои гуногун шомил шавад. Чун дар дохил аслан саводе нагирифта буд ва на динашро фаҳмида буд, на саводе аз маорифи кишвар омухта буд.

Раҳмон дар ҳар маврид, ҷашнҳо, нишастҳои сарони кишварҳо аз риски терроризм ва хатар аз тарафи Афғонистон ҳарф мезанад. Мехоҳад бо ин воҳима пул гирад, ки ман 1400 км марз бо Афғонистон дорам ва маро кумак кунед, ки тавонам марзро ҳимоят бикунам. Агар надиҳед кишварҳои шумо ҳам дар хатаранд. Манзур ба кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ-ОДКБ. Дар ҳоле ки маблағҳои ба даст овардаашро дар ҳимояти марз ва тақвияти он сарф накардааст, ё агар сарф кунад ҳам дар ҳаҷму миқдори ниҳоят кам.

Як мисоли мушаххас. Дар ду соли охир дар марзи Тоҷикистону Aфғонистон ва Қирғизистон бо эътирофи худи Раҳмонов 73 дидбонгоҳро тоҷирон сохтанд. Яъне тоҷирони кишварро маҷбур мекунанд, ки агар хоста бошанд тиҷорат кунанд дидбонгоҳ созанд, вагарна намегузоранд кор кунанд. Тоҷирон месозанду бо ҳамин тиҷораташонро баста аз кишвар фирор мекунанд. Ҳама он пулҳое ҷудо мешавад, чи аз буҷа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳоро ба ҳисобҳои оффшорӣ мефиристад ва аслан дар ҳеҷ коре дар масъалаи муқобили «терроризм» чуноне худаш меномад истифода намекунад. Чунки дар асл ҳеҷ хатаре таҳдидаш накарда аст ва инро ҳама медонанд.

Метавонем бигуем, ки ҳангомасозӣ ва истифодаи вожаи «терроризм» як тиҷоратест барои Раҳмонов ва оилаи ӯ. Инчунин ӯ аз ҳар амали террористие, ки дар хориҷ аз кишвар тавассути тоҷикон сурат мегирад, хушҳол мегардад. Зеро, ки ин ҳодисаи террористӣ мутаассифона, тасдиқи воҳимаҳои уро мекунад.  Ва боз дар кишвар фишорро бештар мекунад ва дигар ҳар шаҳрвандеро кушту зиндон кард, мегуяд ӯ террорист буд ва барои ин ман ӯро зиндонӣ кардам. Бо ин баҳона ҷомеъаи дохилӣ ва байналмилалиро дар таҳти сахттарин фишорҳо қарор медиҳад ва агар ҷомеъаи ҷаҳонӣ, муассисаҳои ҳуқуқӣ пурсиданд мегуяд, ки ман бо «терроризм»  ва зуҳуроти номатлуб мубориза бурда истодаам. Дар ҳоле ки ҳокимияти Раҳмонов худ боиси афзоиши радикализм ва рафтани ҷавонон ба гурӯҳҳои даҳшатафкан ҳаст.  Чунки ҷавонон ҳеҷ ояндаи некеро дар кишвар ва дар ҳокимияти Раҳмонов интизор нестанд. Пас Раҳмонов худаш яке аз мураввиҷони терроризм дар кишвар ва хориҷи он аст, ки бо хушунатҳои сангине болои мардуми кишвар анҷом дода истодааст.

Бо ин ҳамамутаассифона, дар Тоҷикистон феълан на алтернативаи демократӣ ва на дунявӣ барои ҷавонон вуҷуд надорад. Набудан ё сифати паст доштани таҳсилоти расмӣ ва динӣ, аз ҷумла набудани озодии баён ҳоли ҷавононро (на танҳо ҷавонон) бадтар мекунад. Сабабҳои зикр карда барои эмиссарҳои ифротии ДОИШ ва ғайра барои шустани майнаи шаҳрвандони ҷавони тоҷик дар Тоҷикистон, ва махсусан дар Русия як платформаи комил фароҳам меорад.

Барои ҳамин ба назари ман ба Раҳмон ва ҳукуматаш пул ҷудо кардан дар соҳаи мубориза бо терроризм ин маънои онро дорад, ки шумо ба «Алқоида» ва ё ҳар гурӯҳҳои террористии дигар пул додаед, ки бар алайҳи «терроризм» мубориза баред! Воқеан, маблағҳои созмонҳои номбаршуда на барои ҳифзи шаҳрвандони Тоҷикистон аз терроризм, балки барои ҳифзи режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмонов масраф мешавад. Омӯзиши машқҳо барои бахшҳои гуногуни низомӣ, танҳо барои пахши озодӣ дар Тоҷикистон истифода мешавад. Масалан, оилаи як шиносам ва писари вай. Вақте ки онҳо аз Тоҷикистон берун шуданд, он писар тақрибан 12 сола буд, аммо мақомоти Тоҷикистон ӯро дар пойгоҳи ҷустуҷӯи номнавис карданд, ҳатто дар Русия, ва модару хоҳарашро ҳам.  Ман метавонам даҳҳо чунин ҳолатҳоро пешниҳод кунам. Ҳар касе, ки алайҳи режими Эмомалӣ Раҳмонов сухан мегӯяд, ҳатто дар хориҷ аз кишвар, дар руйхати  ҷустуҷӯи мақомотҳои қудратӣ қарор мегирад.

Ман фикр мекунам, ки то он рӯзе Раҳмонов сари қудрат ҳаст аслан аз густариши радикализм ва терроризм дар Tоҷикистон ва пайвастани ҷавонони ин кишвар ҷилавгирӣ кардан душвор аст.  Дуруст фаҳмед маро чaро инро гуфтам? Аслан тоҷикон хело мардуми оромтабиат ва инсондӯст ва одиянд. Аммо сиёсати пеш гирифтаи Раҳмонов,ки маҳдудиятро дар ҳама ҷанбаҳо ҷорӣ намудааст, ки шаҳрвандро ба худкушӣ қариб оварда расонида аст.  Озодона тиҷорат кардан наметавонад,  сухан гуфтан наметавонад, хурсандӣ карда наметавонад, дину ақидаашро наметавонад амалӣ намояд дар кишвараш. Барои як лайк метавонанд шаҳрвандро ба 7 то 15 сол зиндонӣ намоянд. Агар пул дод ба мақомот ё ҳукми камтар медиҳанд ва ё озодаш мекунанд. Моддаи 307 дорад, ки қариб 50 фоизи зиндонҳои кишвар пур аз онҳое мебошанд бо ин модда дар зиндонанд ва ё шишта баромаданд. Ин дастрастарин моддае ҳаст, ки шаҳрвандро бо он иттиҳом мезананд ва зиндонӣ мекунанд. Магар дар чунин кишвар ва ҳукумат метавонад шаҳрванд як зиндагонии осуда дошта бошад? Агар хориҷ шудӣ аз кишвар занг мезананд ба шаҳрванд аз мақомоти қудратӣ, ки ту бо мухолифин ҳамкорӣ дорӣ ва агар хоҳӣ номат дар листи кофтукоб набошад ё $5000 фирист, ва ё баргард то зиндонат кунем.

Ҳоло сахтарин вазъ болои тоҷик ҷорӣ шудааст. Чунки шуморо вақте пулиси Русия ё Қазоқистон ва ҳар кишвари пасошуравӣ боздошт кард бояд шумо ба он пулис ҳам пул дода ҷонатонро халос кунед. Агар надодед шуморо бегуноҳ боздошт ва ба Тоҷикистон экстрадитсия мекунанд. Дар тамоми сафарҳои хориҷие, ки Раҳмонов меравад ягона меморандуме, ки имзо мекунад, ин меморандуми амниятӣ аст. Барои Раҳмонов санадҳои иқтисодӣ ва дигар санадҳо имзо шуданаш аслан аҳмият надорад. Ҳатто бо ҳукумати Толибон ҳам ин созишномаро имзо карда аст дар ҳоле гӯйё ҳукумати онҳоро намешиносад.

Акнун фаҳмидед як шаҳрванди Тоҷикистон дар дохил ва хориҷ гирифтори чи гуна мушкилот аз ҷониби ҳукуматдоронаш қарор мегирад? Дар ҳамин ҳолат худатонро гузоред, фикр кунед чи кор мекардед?

Системаи қувваи қазоии Тоҷикистон- додгоҳҳо тамоман як системаи коррупсионӣ аст, ки ба ҳаёти шаҳрвандон бозӣ мекунад.

Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон падари шавҳари духтари охирони Раҳмонов аст. Бузургтарин коррупсионер! Метавонем бигуем, миллиардҳо доллар ба даст овардааст,  ки ҳамааш аз шаҳрвандони кишвар ва фуруши мансабу вазифаҳои прокуратура аст.  Прокуророне вазифаҳоро хариданд бояд он пули додаашонро аз мардум бигиранд. Вазорати дохилии кишвар дақиқан ҳамин ҳолат ва аз ин бадтар. 13 сол аст як нафар дар вазифа аст ва кораш ҷиноят содир кардан дар либоси қонун.

Дақиқан КДАМ ҳам ҳамин шакл ва интригаҳо ва спектаклҳои қатлу кушторро дар дохил ва хориҷ  анҷом медиҳад. СС.Ятимов ҳам 13 сол аст дар ин вазифа нишаста аст.

Ниҳоди зидди коррупсия кишвар низ мисли ҳамин ниҳодҳои болозикр асту кораш боздошти муаллиму духтурест, ки 10 доллар пора гирифтаро боздошту барои 10 сол ва бештар аз он зиндонӣ кардан аст. Аммо онҳое миллионҳо аз буҷаи кишвар медузданд бо онҳо ҳамкорӣ мекунаду ҳақашро мегираду чизе ба онҳо намешавад.

( идома дорад)

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №142 появились сначала на ISLOH.net.