Архивы Пиров Тоҷиддин - ISLOH.net

Шиори пайравони пешво : “бизнес пастӣ ва баландиҳо дорад вале…гур сузаду дег ҷушад»
(бахши нуҳум)

Роҳбарони «Тоҷиксодиротбонк» ва пуштибонҳои онҳо, то имрӯз шиками мардуми бечораи тоҷикро бо ваъдаҳои бардуруғ- гуё ҳамаи маблағҳоятонро рӯзҳои наздик бармегардонем, «сер» карда истодаанд. Чуноне, ки мо дар аввал ваъда карда будем, доимо аз паси гунаҳгорони асосии муфлисшавӣ яке аз бонкҳои азими ҷумҳурӣ, “Тоҷиксодиротбонк” пайгирӣ менамоем.

Мо мусоҳибаҳои Пиров Тоҷиддин ва намояндагони Бонки Миллиро аз аввалин рӯзҳои муфлисшавии “Тоҷиксодиротбонк” мутолиа менамоем ва то имрӯз натиҷоҳояшро мебинем. Дар ҳама мусоҳибаҳояш ба журналистон Пиров Тоҷиддин  ваъда медиҳад, ки то охирон сомонӣ маблағҳои мардум гардонида дода мешавад. Лекин якбор намегуяд, ки охирҳои соли 2016 бо ахбороти доштаи мо 3 миллиарду 250 миллион сомонӣ ҳукумати Тоҷикистон пул ҷудо намуда буд. Ва ин пулҳо бояд аввалин дараҷа барои руйпуш кардани қарзҳои мардум мерафту баъдан ба маҳкам кардани қарзҳои дигар. Маблағи ҷудо шуда аз 400 миллион доллар зиёдтар буд, ки ин пули кам нест барои Тоҷикистон. Ҳатман то охирон муштарии маблағсупорида пулҳои худро мегирифтанд. Ҳол он ки Пиров ва Хушаков тасдиқ мекунанд, ки ин пулҳоро ба суратҳисоби бонк вазорати молия равон карда буд. Боз гап сари он кураторҳо бо мисли Давлаталӣ Саидов, Нуралиев Ҷамолиддин ва роҳбарони Тоҷиксодиротбонк Пиров Тоҷиддин ва Хушаков Қурбон меравад, ки онҳо «гур сузаду дег ҷушад» гуфта сараввал тамоми проблемаҳои худашон, наздикони «Оила»— и гушначашм ва баъзе аз ёру дустони занҳояшону фарзандонашонро ҳал намуданд. Як қисми дигари пулҳоро ба ягон рӯзи «сиёҳ»  ба хориҷа гуё аз фалон ширкати хоричӣ қарздорем, ҷангҷоли «дипломатӣ» мешавад гуфта равон карданд. Зиёда аз 150 миллион долларашро фақат Давлатӣ Саидов, Ҷамолиддин Нуралиев, Гулов Шералӣ, Ашраф Гулов ва Таҳминаи духтари Раҳмонов маблағҳои гузоштаи худро бо фоизҳои «африқоӣ», яъне ниҳоят баланд гирифтаанд.

«Тоза  ба мо маълум мешавад, ки барои чи Давлаталӣ Саидов ба ҳамаи запретҳои оила нигоҳ накарда, парикҳои сарро тез- тез иваз намуда ба назди Пирову Хушаков ба вохурӣ мерафтааст. Давлаталӣ Саидов ба занҳои дуюм ва «арусак»-ҳои худ мошинҳои нави «Лексус» ва мерседесҳои люкс туҳфа мекардаст. Ба гуфтаи худаш, мо бояд «ҷавононро тарбия намоем — ҷавонон ба мо лозим мешаванд, онҳо бояд зиндагии хуб дошта бошанд». Албатта ин хел даромадҳо бошанд ҳар кас метавонад ба «тарбияи ҷавонон» машғул шаванд. Давлаталӣ Саидов бо писараш Фаромуз, ки дар садама як духтари ҷавон ва як марди миёнасолро ба ҳалокат расонида мисли дигарон беҷазо монда буд, шухӣ карда мегуфтааст, ки арусаки нав ёфтаи ман аз ту ҳам хеле ҷавонтар аст. Дар навбати худ  Фаромузи писараш ҳам таъриф мекардаст, ки арусакаш ҳоло мактабхон аст. Ана тарбия ва суҳбати падару писар дар назди мехмонҳо. Ин ҳама худобехабарӣ, пулмастӣ ва беҷазо мондан аст!»

Давом медиҳем, боқимонда пулҳо агар ба мардум дастрас шуда бошанд, барои чӣ имрӯзҳо ҳазорҳо одамон ному насаб, рақамҳои телефони худро ба мо гузошта аз «Ислоҳ» илтимос доранд онҳоро рӯйи чоп оранд. Ба наздикӣ дар кадом маҷаллае чоп карданд, ки гуё “Тоҷиксодиротбонк” маблағҳои мардумро дода истодааст. Лекин ҳеҷ нафароне, ки ба мо муроҷиат намудаанд, пули гирифтаи касеро нашунидаанд ва тасдиқ ҳам накарданд. Мумкин аст, он мансабдороне, ки миллионҳои худро гузошта буданд, кисме аз онхо гирифта бошанд, ба мисли Нусратулло Абдуллоев, Шерхон Салимзода, Қурбон Шариф, Тиллоев Ҳокимшо, Абдураҳим Раҳимов ва дигарон.

Гилояи Шерхон Салимзода аз “Пешво” ва ген Прокурори бизнесмен

Аз рӯйи гуфтаи Хушаков Қурбон Раҳматович якчанд рӯз пештар Шерхон Салимзода дар як нишасти байни худиашон хеле аз ҳукумат, аз оилаву пешво ва сохти давлатдорӣ нисбати бизнесҳо ва даромадҳои калони Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон ва чи тавр қудо шудани Юсуф Раҳмон бо пешво, ба гуфтаи худаш дарди дил кардааст. Гуфтааст, ки бо супориши пешвову оилааш садҳо парвандаи фармоишӣ (заказное дело) ноҳақро сохта ҳукмашро бо воситаи судҳо бароварда будам. Дар ҳоле, ки судяҳо бисёр вақт норозигӣ ҳам мекарданд. Агар ман нисбати фаъолияти худ аз рӯзи пайдо шудани Агентии коррупция то охирон рӯзи кориам ҳамчун Прокурори генералӣ, яьне аз 2006 то 2015 китобе нисбати супоришҳои ғайриконунӣ ба ман додаи пешво, Ҳасан ва хешу таборони пешво нависам, бовар кунед, фақат аз ҳисоби фурӯши он миллионер мешавам.

» Лекин каме вақт ҳоло ҳам ҳаст. Ин корҳоро ман ба хотири ваъдаи пешво карда будам, ки маро ду   панҷсола Прокурори генералӣ пешниҳод менамояд. Аммо дар ваъдааш наистод. Ҳоло бошад як бизнесменро ба ду муҳлат Прокурори генералӣ монд, ки ӯ ҳама вазифаҳоро рӯйи рост фурӯхта истодааст. Прокуратураи генералиро ба вазорати савдою сохтумон табдил дода аст. Ҳатто сохтумон ва фурӯши хонаҳоро дар кабинети кориаш бо мутахассисони сохтумонӣ машварату маҷлисҳо мегузаронида аст, ки зиёде аз шогирдони ман ва баъзе аз собиқадорон ба ғазаб омада ба пешво ариза карда буданд. Аризаи онҳо бенатиҷа монд. Ва акси ҳолат худашонро ҷазо доданд ва боз боварӣ дорам, пешво сеюм муҳлат ҳам дар ин вазифа ӯро пешниҳод менамояд. Мардак қудо шуд дигар, кор тамом аст.Дар хотир дошта бошед, ман ӯро аз вазифаи прокурори вилояти Суғд барои фасодкорӣ, робитаҳои зич доштан бо соҳибкорони хуҷандӣ, сохтани парвандаҳои фармоишӣ  дар ду соли кор карданаш ё 22 моҳ аз кор озод ва умуман аз системаи прокуратура ронда будам. Ҳоло канӣ ҳақиқат, канӣ иҷроиши қонунҳо ва қонуният?!»

Давраи сардори Агентии коррупция ва Прокурори генералӣ будан Шерхон Салимзода тамоми хешу табор, ҳамкурсону фарзандони онҳо, аз занҳои сеюм ва чорум фарзандони бо худ овардаи онҳоро ба вазифаҳои сердаромади ин ниҳодҳо таъин намуд. Даҳҳо фасодзадатарин шогирдони худро ба рутбаҳои баланд пешниҳод намуд, ҳоло бошад мисли девона ҳар рӯз дар ғайбати пешво ва Прокурори генералӣ мебошад. Яке аз шогирди наздиктаринаш Раҳимов Абдурахим, ки вақти роҳбарии Фаттоҳ Саидов дар Агентии коррупция қариб 200 адад амволи гаронарзишашро пайдо карда буданд, ки як қисми вилояти Суғдро бо ҳар роҳҳо азони худ карда буд, боз дере нагузашта ба ӯ рутбаи генералӣ дода ва ба мақоми ҷонишини Прокурори генералӣ пешниҳод карданд. Ҳоло тибқи маълумотҳо прокурори Хатлон аст. Даҳҳо ин тавр мисолҳо дорем. Савол ба миён меояд, ки Шерхон Салимзода ин қадар донову босавод ва қонундон бошад, барои чи ба супоришҳои ҷинояткоронаи пешвояш «есть» гуфта даст задааст ? Албатта, аз тарси он ки вазифа аз даст наравад. Бале инчунин гуфта будааст,ки ман фикр мекардам,ки мисли Бобоҷон Бобохонов маро мегузорад дар мақомам. Аммо як давраро пурра нокарда маро сабукдуш ва ба ҷоям ин бизнесменро гузошт. Аммо ончи бо Бобоҷон Бобохонов ва оилаи ӯ кард инаш бароям хело дарднок буд. Гоҳо шукрона ҳам мекунам,ки тезтар маро гирифт, ҳеҷ чиз бе ҳикмат нест.

Тақдири шуму сиёҳи Ҷамолиддин Нуралиев ё аз оила ва ё аз миллат ?

Ростӣ моро хабарҳои охир дар мавриди  Нуралиев Ҷамолиддин аз як тараф шод карда бошад аз тарафи дигар ғамгин намуд. Барои чи ғамгин намуд, каме дар поён мегуем. Ҷамолиддин Нуралиев дар давоми 10-15 соли кориаш дар вазорати молияву Бонки миллӣ, дар вазифаи бонкдори хеле таҷрибаҳои калон гирифтаасту худ, ки дар Амрико каме зиндагӣ ва он ҷо таҳсил намудааст, аз сиёсатҳои давлатҳои ғарб бохабар аст, системаи онҳоро хуб мефаҳмад.Боварии комил дорем,пешво ва тамоми аъзои Оила ба воситаи Ҷамолиддин Нуралиев дар бонкҳои хориҷӣ суратҳисобҳои худро кушодаанд. Даҳҳо компанияҳои оффшориро низ ӯ ба томоми авлод ва хешу таборон кушода додаасту  то охир контрол  менамуд. Дар замони ҳозира садҳо миллону миллиардро дар як дақиқа бо воситаи телефон аз як суратҳисоб ба дигар суратҳисоб гузаронидан мушкил нест. Авлоди бесавод тамоми миллиардҳои ба даст овардаи худро маҳз дар дасти ҳамин одам нигоҳ медоранд.  Нуралиев метавонад, масалан пешворо дар як дақиқа «Гадо» созад. Аз суратҳисобҳо тамоми пулҳоро ба ширкатҳои худ ва хешу табори худ бе иҷозати пешво гузаронаду дар суратҳисоб ягон сад доллар боқӣ гузорад, то ин ки 30 соли дигар пешво ва авлодаш ин суратҳисобро пур кунанд.

Давлаталӣ Саидов ҳоло дар як ҳолати бисёр ногувор мондааст.Аз як тараф шарики бизнесиаш Ҷамолиддин Нуралиев «антипартийный» шуд, аз тарафи дигар Озода барои духтарбозиаш сахт чап гирифтааст, боз аз ҳама безебтараш, ӯро Рустами Эмомалӣ дар бустонсарои ҳукуматӣ дар як маърака дида, назди одамони зиёде нафақат ба саломаш ҷавоб нагирифтааст. Ҳатто дашномҳои қабеҳ  намуда аз маърака рондааст. Ҳоло ҳайрон аст, ки барои ин қадар гуноҳҳои кардааш чи ҷазо мегирифта бошад? Бовар дорем то охирон сомониашро мегиранду боз мебахшанд, барои он ки ӯ хешу табор аст.

Гилояҳои Қурбон Хушаков аз мо

Хушаков Қурбон доимо аз мо хафагӣ менамудааст, ки ман ҳеҷ гоҳ роҳбари “Тоҷиксодиротбонк” набудам, мумкин аст нависанда маро бо Пиров Тоҷиддин «перепутать» мекарда бошад. Албатта не, мо хуб медонем, ки раиси “Тоҷиксодиротбонк” Пиров Тоҷиддин буд, лекин шумо Хушаков Қурбон Раҳматович  муовин ва шахси боэътимоду наздики Пиров Тоҷиддин будед ва бисёре аз муштариҳои бонк маҳз бо шумо ҳамсуҳбат шуда, баъд аз амри маъруф, насиҳату васиятҳо ва меҳмоннавозиҳои шумо маблағҳои охирини худро месупоридаанду вақти баргардонидани маблағҳои худ ба қабули шумо дигар даромада наметавонистанд. Албатта Пиров Тоҷиддин  ҳамчун роҳбари аввал ҷавобгар мебошад. Лекин аз рӯйи  зиндагии шумо ва фарзандонатон, муқоиса ба зиндагии Пиров Тоҷиддин  шубҳае намондааст, ки шумо «бегуноҳ» ва худотарс бошед.

Хонасалот кардани Раҳматшо тавассути Пиров ва Хушаков

Ин қиссаро ба он хотир мекунем,ки ҳам Пиров ва ҳам Хушаков нагӯянд,ки мо намедонем шуморо ва ё туҳматашон дорем ва то имрӯз дар матолибамон туҳматашон  намудаем. Пиров Тоҷиддин ва Хушаков Қурбон бо як соҳибкоре аз шаҳри Қурғонтеппа бо номи Раҳматшо шиносоӣ ва гуё дустӣ пайдо карданд. Раҳматшо зиндагии оромона дошт. Соҳиби 5000 гусфанд, як ширкати сохтумонӣ, бустонсарои хуб дар болои дарёи Вахш, хонаву дари хуб, якчанд мошин дошт. Ҳар вақте ин ду академики пиёз ба ватанашон Кули Суфиён ё Фархор мерафтанд, ҳатман ба Раҳматшо як рӯз пештар хабар медоданд, ки мо омада истодаем, «тайёриат»-ро бубин. Раҳматшо марди оддии куҳистонӣ, мисли хамаи халки точик мехмоннавозу мехмон дӯст, хатман як гусфанро кушта, пухту паз менамуду ду гусфанди дигарро кушта вақти рафтан бо мевагиҳои бисёр ба пушти мошини академикҳо мегузошт. Ин кор хеле вақт давом кард. Пиров ва Хушаков меҳмонҳои хориҷии худро ҳатман ба як ё ду рӯз ба бустонсарои Раҳматшо равон мекарданд.

Бисёр вақт бо аҳлу оилаи худ низ онҷо рафта, дар болои дарё, асабҳои худро ором намуда як -ду гусфанд мехурданду боз ҳамроҳ мебурданд. Ба Раҳматшо ваъда мекарданд, ки ба ягон шохаи бизнеси “Тоҷиксодиротбонк” ҳатман туро ворид месозем. Ва ба хулосае омада ба Раҳматшо пешниҳод карданд, ки ту ширкати сохтумонӣ дориву шиносҳои зиёд дар бозорҳои масолеҳи сохтумонӣ низ дорӣ. Биё барои ҳамин ба Тоҷиксодиротбонк биноҳои филиалҳояшро дар ноҳияҳои вилояти Хатлон аз рӯйи  лоиҳаи тасдиқ кардаи мо бисоз.

Раҳматшо, албатта рози шуд. Минатдорӣ намуда каме пас шуруъ кард ба сохтумони бинои филиалҳо. Якчанд биноҳоро сохт. Аввалҳо маблағҳои сохтумонии якчанд биноҳоро қисм ба қисм доданду баъд маблағгузорӣ тамоман қатъ  шуд. Раҳматшо, ки зиёде аз масолеҳи сохтумониро аз яклухт фурӯшон ба тарзи насия мегирифт ба ӯ бовар мекарданд. Баъд аз напардохтани маблағҳо муносибатҳояш бо фурӯшандагон вайрон шудан гирифт. Раҳматшо чи пасандозе дошт ва боқимонда гусфандҳои худро фурӯхта қарзҳои худро кам менамуд. Аммо ба якчанд миллион сомонӣ масолеҳи сохтумонӣ гирифта буду ин пасандозҳояш қарзҳои гирифтаашро маҳкам накарданд. Ӯ дар як хафта 3-4 маротиба ба “Тоҷиксодиротбонк” назди академикҳо меомаду мерафт.

Вақтҳои охир қариб, ки ӯро қабул ҳам намекарданд. Ва рӯзе Хушаков бо Пиров ӯро қабул намуда гуфтанд, ки ҳоло аз тарафи пешво супоришҳо хеле зиёданд, маблағ тамоман надорем. Як роҳи ҳалли мушкилот ҳаст. Ту бояд бустонсарой ва ҳавлиатро ба гарав (залог) монда аз бонки мо қарз бигирӣ ва қарзҳои худро дар назди фурӯшандагон руйпуш намо. Баъд вақте ки комиссия аз тарафи мо иншоотҳои туро қабул менамояд, пас мо метавонем оҳиста-оҳиста мутобиқи акти имзошудаи дутарафа пулҳои туро баргардонем ва ту қарзҳои гирифтаат аз бонкро бо фоизҳояш руйпуш менамоӣ, агар нахоҳӣ худат фикр кун: «мумкин аст сифати корҳои сохтумониат паст бошаду комиссияи мо иншоотҳоро қабул накунад, баъд дарди сарат мешавад».

Баъд аз ин фишору шантажҳо Раҳматшо розӣ шуд ва қарз аз “Тоҷиксодиротбонк” бо % баланд имзо карда гирифт, чун,ки  дигар илоҷе надошт. Ин қиссаи дуру дароз аст, хулоса;  бустонсарой ва ҳамаи гусфандҳо, ширкати сохтумонӣ, обруй дар назди мардум, ҳама аз Раҳматшо рафт. Дигар гусфандхуриву бародарӣ низ ба охир расид. Ҳоло Раҳматшо боз корро аз парвариши 5-6 дона гусфанд шуруъ намуда, дигар тавбаи аз пушти миллионерҳо давидан ё шинос шуданро кардааст. Ин яке аз садҳо мисолҳое,ки ин ду академик соҳибкоронро миёншикан намуда ба ҳолати варшикастагӣ ва хонасалотӣ расонидаанд. Метавонед ҷанобон ин ҳодисаро такзиб кунед? Агар дурӯғ ва туҳмат бошад марҳамат нависед ва метавонед аз худи Раҳматшо интервию гирифта нашр кунед!

Хушаков эрониҳоро тавассути “Тоҷиксодиротбонк” чихел  ғорат кард?

Як мисоли дигар: Дар Эрон авиакомпанияи «Тоҷик Эйр» намояндае дошт ҷавоне бо номи Фирӯз.»Тоҷик Эйр» пеш аз COVID парвозҳо дошт. Хушаков Қурбон Раҳматович доимо ба Эрон сафар мекарду бо Фирӯз, ки нав шинос шуда буд  дар Эрон ӯро бо VIP — зал пешвоз мегирифт ва вақти рафтан гусел мекард. Вақте ки парвозҳои Тоҷик- Эйр баста шуданд, Хушаков Қурбон Раҳматович  аз ӯ хоҳиш кард, ки ду тайёраи Боинги «Тоҷиксодиротбонк»-ро ба Эрон оварда ба иҷора супорад. Фирӯз роҳҳояшро пайдо карда тайёраҳои ‘Тоҷиксодиротбонк»-ро аз Душанбе ба Эрон бурд ва чархонду хуб кору фоида ҳам мекард. Хушаков Қурбон самолетҳоро ҳамроҳи Фирӯз ба иҷора доду ба Фирӯз «Босс» шуд. Пулҳои арендаи ду «Боинг»-ро Фирӯз дар вақт — вақташ аз Эрон ба Тоҷикистон нақд бо роҳи қочоқ, тахминан ҳар моҳе аз 700 ҳазор, то 800 ҳазор доллар равон мекард. Бизнесҳо хуб рафта истода буданд, ки Хушаков Қурбон ба Фирӯз супориш дод, ки ба мардумони соҳибкору пулдор кортҳои “Тоҷиксодиротбонк”-ро пешниҳод намояд, то ки пулҳои худро дар “Тоҷиксодиротбонк” гузоранду бемалол сафарҳои хориҷа кунанд. Фирғз хеле муштариҳои зиёде пайдо намуда ба онҳо кортҳои «Тоҷиксодиротбонк»-ро «тақдим» намуд ва гуфт, ки ба суратҳисобхояшон пул резанд. Яке 10 ҳазор,дигаре 50-60 ҳазор доллар ва боз як қисм 80-100 ҳазор доллари ба дасти Фирӯз маблағҳо супориданд, то ин ки Фирӯз дар суратҳисоби кортҳо бирезад. Фирӯз ҳамаи пулҳоро бо роҳи қочоқ ба Душанбе ба дасти Қурбон Хушаков мефиристод. Барои он мардуми Эрон аз “Тоҷиксодиротбонк”  корт мегирифтанд, ки ҳама бонкҳои Эрон дар зери санкция қарор доранду пулҳо ҳеҷ куҷое намегузаранд ба воситаи суратҳисобҳои бонкӣ.Баъд аз сафарҳо эрониҳо баргашта ба офисии Фирӯз омада ҷангҷолҳо карданд, ҳатто чанд маротиба ӯро сахт латукуб ҳам намуданд, ки дар хориҷа, асосан дар Аврупо аз ин кортҳо як доллар пул кашида намешаванд. Охир, эронии содда аз таърифу тавсифҳои ҷаннати сохтаи пешво бовар кардааст, ки бонкҳояш дар тамоми дунё ба ӯ бидуни лимит маблағ медиҳад. Корсчетҳои бонкҳои Тоҷикистон доимо холӣ асту бисёр бо мушкилӣ ягон сум медиҳад, аксар вақт ҳеҷ чиз намедиҳад. Охир,овозаҳои фиреби “Тоҷиксодиротбонк” дар Эрон ба органҳои қудратииаш расиду Фирӯзро дастгир намуданд ва баъд аз 2-3 рӯз зиндони Фирӯзро аз Эрон депортатсия намуданд. Вақте ки Фирӯз ба Душанбе омад, ба назди Хушаков Қурбон Раҳматовичи боссаш рафта, саволи аввалаш ҳамин буд, ки барои чи пулҳои эрониҳоро ман ба дасти шумо расонидаму кортҳои ба эрониҳо додаи “Тоҷиксодиротбонк” кор намекунад?

Хушаков Қурбон Раҳматович  бо як оромӣ гуфт: » тамоман ту зиқ нашав, ин бизнес аст, пастӣ ва баландиҳо дорад, ғами худатро хур, ту чи ғами эрониҳоро мехурӣ? Эрон давлати бой, мардумаш низ бой аст, хай фиреб кардем савоб гирифтем», Фирӯз аз ҳамкорӣ бо Хушаков Қурбон  даст кашиду ҳоло бошад дар як кунҷи Душанбе ба бизнеси майдаи худ оромона машғул аст. Шукр мегуяд, ки дар Эрон ба 20-30 сол барои ин қаллобияш зиндонияш накарданд, вагарна ба умеди Хушаков Қурбон дар кунҷи зиндони Эрон мемурд. Зеро Хушаков Қурбон  мақсади як сомонӣ баргардонидани пулҳои эрониҳоро надошта будааст. Метавонанд ин ҳолатро ҳам такзиб намоянду гӯянд, на чунин нашуда буд? Мо чандин Эронии зарардида бо санадҳое аз онҳо дар худ дорем,ки ҳама як дарду ранҷ доранд ва он ҳам “кидат разбор надорад”.

Мисолҳои қаллобии зиёде аз ин ду дар даст дорем

Мисолҳо хеле зиёданд. Боз чи тавр хонаҳои истиқоматӣ вакили мардумӣ ва раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода, ба гуфтаи худаш фосиқи шайтонсират Мавлавӣ Абдураҳим Каримов, писари собиқ раиси шаҳри Кулоб Абдуҷаббор Зардиев- Абдунабӣ ва собиқ ректори Университети аграрии Тоҷикистон —- нафаронро ҳамчун гарав «залог» гирифта бо қарзҳои % дандоншикан онҳоро миёншикан намудани ин ду академики пиёз нақлҳо мекунем. Аҷоибии кор дар он аст, ки ҳамаи ин одамони боло номбаршуда бо Пирову Хушаков бародару дӯст ҳастанд. Академикҳо аввал аз рӯйи  гуфтаҳои

» Худиҳоро бизан, то ки бегонагон битарсанд» амал мекардаанд, баъд тактикаро дигар карданд «касе ба дом афтод ҳамашро бизан,фарқ надорад худи ё бегона». Офарин!!! Метавонем барои ҳар яки ин афроди дар боло зикр намуда матолиби ҷудогона нависем ва ҳолатҳои онҳоро ба мардум бозгӯй намоем. Агар инаш ҳам дурӯғ ва туҳмат бошад марҳамат инашро ҳам такзиб намоянд. Раванд интервию гиранд ва худро пок эълон намоянд.

Масорифи  “ЕВРОТУР”и  Хушаков Қурбон ва Раиса Махсумовна 40% коҳиш ёфта будааст аз солҳои пешин

Хушаков Қурбон баъд аз бозгашт аз «евротур» бо янгамулло Раиса Махсумовна ҳисобу китоби харҷҳои дар хориҷа кардаашонро ҳисоб намуданд, ки худоро шукр на он қадар зиёд харҷ шуда будааст, ҳамагӣ 73 ҳазор евро, сафарҳои пештара доимо аз 100-120 ҳазор евро болотар будааст. Харҷ камтар ҳам мешуд, лекин Раиса Махсумовна агар ба як ду мағозаҳои дустдоштаашон намедаромаданд, дар оила ҷангҷол калон мешуд. Шумо бовар мекунед ё не, бечора янгамулло ду сол шуд аз коллекцияхои нави ин ду фирма харид накардаанд. Вақтҳои пеш ҳар соле ду маротиба хабар мегирифтанд, қариб абонемент ё “картаи узвият”и  харидори доимиашонро «анулировать» кунад ин ширкатҳои беинсофи «Hermes» ва  » Coco Chanel». Як сумкаи занонаи «Hermes» ба маблағи 46 ҳазор евро ва як туфлии занона аз ширкати «Coco Chanel» ба маблағи 8 ҳазор евро будааст. Боз як камарбанди бисёр хуб на он қадар қимат-4500 евро ба Раиса Махсумовна маъқул шуд, харидорӣ намуданд. Лекин афсус, каме кутоҳӣ карда будааст. Фикри бисёр накарда ба Қурбон Хушаков туҳфа карданд. Ана дасткушодиву шавҳардустӣ, офарин янгамулло! Раиса Махсумовна як салони косметикии машҳури дунявӣ бо номи «Loreal Paris» рафта, онҷо ду амалиёти тиббӣ низ гузаронид, албатта ҳамаро бо номҳояшон мушаххас намегӯем. Яке барои чеҳраро хушруй ва зебо намудан аст, дигаре «липосакция» — ин каме равғанҳои аз мантуву самбуса ва шашлык ҷамъ шударо бо роҳи ҷарроҳии ҳозирзамон кашида гирифтан аст.

Нафарони зиндагии хуб дошта, проблемаҳои моливу пулӣ надошта ва бо мақсади доимо дар назари мардум ҷавон худро нишон додан, ин ду амалиёти тиббиро ҳар соле як ё ду маротиба мекунанд. Раиса Махсумовна доимо мегунд, ки

» масрафи пул чанде набошад ба ӯ нигоҳ накарда, одам аввал аз паси саломатии худ бояд шавад».

Идиев Ҳусейн аз ҷавонияш ҳам «бизнесмен» буд

Мо агар бе Идиев Ҳусейн ин матлабамонро ба охир расонем ва фарҷом диҳем, боварамон кунед ӯ аз мо ҷудо ҳам хафа мешавад. Ӯ кам-кам одами қаҳркун  ҳам ҳаст. Аз навиштаи гузашта норозигӣ кардааст, ки бизнесҳои калонтар ҳам дар ҷавониҳоям  доштам, онро аслан қайд накарданд. Дар ҳақиқат Идиев Ҳусайн рост мегуяд. Солҳои 1982-1983  видеомагнитофон  камчин буд. Идиев  Ҳусейн видео магнитофони Электроника ВМ-12 доштааст. Мувофиқи нақли ҳамдеҳагонаш, Идиев Ҳусейн бо участковый милиционер лейтенанти калон Лутфулло Мирзоалиев, ки се деҳро назорат мебурда аст, дӯст будаасту ба ӯ аз бизнесаш «доля» медодааст. Вай нигоҳубин мекардааст, ки касе халал нарасонад. Ҳар шаб Идиев Ҳусейн дар ҳавлии Баҳром бо тахаллуси «Брус Ли» тахминан 20-25 нафарро ҷамъ карда бо нархи 50 тинӣ то соати 12- шаб филмҳои «Брус Ли»-ро нишон медодаст. Баъд аз 12- шаб то 06- саҳар, ҷавонони аз 17 сола болоро ҷамъ намуда бо 2 сумӣ филмҳои порнографии хориҷиро тоб медодааст. Ҳамин тавр дар як моҳ аз 500 то 1000 рубл пул кор мекардааст. Аз ин пулҳо участковый Лутфулло Мирзоалиев ва Баҳроми Брюс Ли барои ҳавлиаш доляи худашонро мегирифтаанду боқимондааш азони Идиев  Ҳусейн будааст. Дар дигар қишлоқҳо овоза   шуд, ки Ҳусейн Идиев  миллионер шудааст.

Як нафар аз  деҳаи ҳамсоя бо номи Сафари «тухм» хост ҳамин тавр бизнес шуруь кунад. Видеомагнитофону 10-12 кассета харида шаби аввал мардумро ҷамъ кардааст, ки Лутфулло Мирзоалиевро Идиев Ҳусейн пеш- пеш карда ба хонаи Сафари «тухм» оварда дар вақти тамошои филмҳои порнографӣ ба даст афтонидааст. Оқибати кор, видеомагнитофон ба ҳисоби давлат бо кассетаҳояш мусодира карда шуд. Тамошобинҳо ҳама 300 сумӣ ҷарима супорид, худи Сафари тухм 1000 сум ҷарима ва 2 сол ҳукми шартӣ ( условный срок) гирифтааст. Лутфулло бошад, аз вазорат раҳматнома ва каме пас рутбаи капитаниро ҳам гирифта, боз то охир ба Идиев Ҳусейн  «содиқона» хизмат кардааст. Ана инро мегуянд, ки «Арбоб мезанад ба ҳар боб» . Дар ҳақиқат аз ҷавонӣ Идиев Ҳусейн истеъдоди калон доштааст. Бизнеси худашро аз конкурентҳо ҳимоят кардааст, фарқаш чи бо кадом роҳ? То ҳозир ҳамон таҷрибахояш ба ӯ лозим шуда истодааст. Ин хел роҳбарон ба ҷамъияти сохтаи “пешво” намунаи ибрат ва кадрҳои ноёфтанд.  Офарин!!! Давоми нақлҳои хеле хубу ҷолиб дар пеш аст.

Поёни бахши нуҳуми вижаматолиби қаҳрамонони “Тоҷиксодиротбонк” ,идома дорад бо “Ислоҳ” бошед,то аз ҷолибтарин ҳодисот бе хабар намонед…

Сообщение Шиори пайравони пешво : “бизнес пастӣ ва баландиҳо дорад вале…гур сузаду дег ҷушад» появились сначала на ISLOH.net.

Поёни тури Евро-Осиёи Раиса Махсумовна ва Ҷимии Идиев Ҳусайн
(бахши ҳаштум)

Тибқи ваъда, мо таҳқиқоти худро дар бораи дуздону порахорони давлатӣ, ки ҳамагӣ аз афроди наздики Пешво ва аъзои оилаи вай ҳастанд ва ё афроде ҳастанд, ки сарпарастиашонро яке аз наздикон ва ё аъзои Оила бар уҳда дорад идома медиҳем. Инчунин дар Ин матлаб дар бораи таъсири ҳафт вижаматолиби нашр намудаамон хоҳем гуфт. Пас аз нашри онҳо қаҳрамонҳои доимиямон гилаҳо намудаанд, ки охир инхел буд чаро дигар хел шарҳ додеро ҳам мардона хоҳем гуфт.

Акунун мегузарем ба асли вижаматлаби имрӯзамон.

Шумо як маротиба нисбати ҷиноятхое, ки  қаҳрамонони вижа матолиби мо содир намудаанд, агар ин ҷиноятҳоро дар кишварҳои пешрафт намудаи олам  аз тарафи шаҳрвандонашон содир мешуд чи гӯна ҷазоҳоро ба онҳо мебароварданду ба кадом солҳо онҳоро маҳкум ба зиндон мекарданд, худатон хулосабарори  намояд.  Масалан як филми амрикоӣ бо номи «Лжец, Великий и Ужасный»— 2017,  ро тамошо кунед, ин аз рӯйи  фаьолияти корӣ  ва  зиндагии  як бонкдори амрикоӣ  рӯйи  навор  омадааст, аз воқеаҳои воқеи  (реальные событие) ба навор гирифта шудааст. Албатта пас  аз нигох кардани ин фильм одам ба хулосае меояд, ки фарқ надорад шумо чи қадар пул доред, ё ин ки чи қадар шиносу ҳамшаҳриву пуштибон доред, рафиқу ҳамнишини президентҳо ҳастед, ҳатман бояд дар назди қонун ҷавоб гӯед. Ин ҳамаро мехоҳем барои он бигӯем,ки чашми шумо ҳамватани гиромӣ боз шавад ва худатон хулосаи худро бароред. Нагӯед,ки мо иғво меандозем ва танқид мекунем.

Албатта ҳаҷм ва  дорогиҳои яке аз бонкҳои кучаки амрикоро бо «Точиксодиротбонк « муқоиса кардан иштибоҳи фоҳиш аст. Аммо ҷиноят ҳарду як хел аст, қонунҳои ҷиноӣ ва граждани ҳам қариб як хел иншо ва ба тасвиб расонида шудаанд. Танҳо ҷазоҳо ва иҷроиши қонунҳо тамоман ноинсофона мебошанд. Масалан нигоҳ кунед Пиров Тоҷиддин  бо Хушаков Қурбон баъд аз ин қадар ҷиноятҳои вахиму бузург кайфу сафо карда гашта истодаанд, лекин Бернард Мейдофф, ки барои банкрот намудани бонк, 150 соли маҳкум ба зиндон шуд.  Бернард Мейдофф  соли 2021 дар синни 82-солагӣ дар зиндони ИМА  даргузашт, яке аз фарзандонаш ба  таҳқиру танқиди мардум тоб оварда натавониста,  худро дар яке аз хонаҳои қимматтарини Амрико худро ба дор овехт. Албатта худкуши гуноҳ аст, лекин виҷдонаш дигар нагузошт, ки бо муштариҳои бонки падараш рӯ ба руй шавад. Ин виҷдони як шахси ғайри мусалмон ва мумкин аст ҳатто пайрави ҳеҷ дину оине ҳам набуд. Акун як диққат диҳед ба  фарзандони қаҳрамонони вижа матолиби мо?  Комилан баракси он мебошанд ва боз худро мусалмон ва ҳатто ҳоҷӣ ва диндор мегӯянд.

Албатта писари Хушаков Қурбон Раҳматович , ки ҳоло дар Фаронса зиндагӣ мекунаду якчанд сол пештар ду одамро бо мошин зада кушта буд, дуруст ҳам мегуяд:  «ҳалли проблемаи любой чиноятҳо  дар Тоҷикистон  ҳамаги панҷ дақиқа вақтро мегираду халос»  Манзур аз ин суханро ба фикрам ҳар Тоҷик ва Тоҷикистони хуб фаҳмид! Ин аст хулосаи  писари Хушаков Қурбон Раҳматович пас зери чархи мошин мондани ду ҷавони Тоҷик ва бо эътирофи худаш дар «панҷ минут ҳаллаш карданд» ва оромона озодона, зери ҳеҷ пайгарде нест, дар листи сиёҳ ҳам нест озодона хурда истироҳат карда гашта аст. Чаро чун,ки падараш ҷинояти одамкушияшро ҳал кардааст. Аммо агар ӯ писари шаҳрванди оддӣ мебуд ва он ҳодиса «несчастны случи»  ҳам мебуд ҳатман бо ҷазои сангини ҳама қисмҳои кодекси ҷиноӣ маҳкум ва сараш татбиқ мегашт.

Аммо дар Аврупо бошад кучактарин  қонунвайронкуни як дарди сари бузург аст, инҷо бо ду кило себу чукрии таги сангӣ ва бо ваъдаҳои дуруғини тиллоӣ кор ҳал намешавад. Дар аврупо вақте қоидаи роҳро вайрон куни ва он такрор шавад ҷазоят сангинтар ва бе ягон тардид шаҳодатномаи ронандагиятро мегиранду дубора дарс мехонӣ ва имтиҳон месупорӣ ва боз зери назорат бароят шаҳодатномаи ронандагӣ медиҳанд.  Давлате ки «пешво» дар давоми 30 сол гуё ҷонашро дар хатар гузошта шабу рӯз меҳнат кардааст, бо ду ҷумла бачаи Хушаков баҳои ҳақиқиашро додааст. Давлате, ки қонунҳои қабул намудааш  ба ҳама як хел татбиқ  намегардад, ва дар он фарқ миёни қишри ҳоким ва пулдору ашрофзода аз шаҳрванди одди дида мешавад ин давлат набуда ва қонун волият надорад. Воқеан дар давлати мо волоияти қонун аслан вуҷуд надорад. Қонун ин сухани «пешво», духтари пешво, писари пешво, домодҳои пешво, ҷиянҳои пешво ва қудову андаи ӯ мебошад.

Чи хеле дар урфият мегӯянд об аз боло лой аст.  Дар хотир оред даъватҳои Раҳмоновро оиди харидани саҳмияҳои ГЭС- и Роғун-1  дар охирхои соли 2009 ва аввалҳои соли 2010,бо  баҳонаи нишон додани  ҳисси ватандӯстӣ, (патриотизм) бо баҳонаи дар солҳои наздик халос шудани халқи Тоҷикистон аз буҳрони бе баркӣ, бо як ҳилаву найранг, бо як шайтонигариву дурӯғгӯйи, бо як фишороварӣ ба сари соҳибкорон, бо ваъдаҳои дивидендҳоро бо инсофона тақсим намудан,  зиёда аз 200 миллион доллар пули нақди мардумро чамъ намуда ба  Ориёнбонки  хусурбачааш Ҳасан Саъдуллоев гузошт.  Бо ин пулҳо Кабиров Шералӣ бо Муртазоқулов Ҷамшед ба Амрико  рафта бо пешпардохти  100%,ду ҳавопаймои «Боинг-737/900 ЕR« харида омаданд, ки амрикоиҳо аз ин хари два пардохти пули ин навкисаҳо ҳайрон монданд. Чун,ки дар  даҳсолаҳои охир ширкати «Боинг» бо пешпардохти 100% ҳавопаймоҳои худро нафурӯхта буданд.  Дар тамоми дунё хариди ҳавопаймоҳо бо рохи лизинги ба роҳ монда шудаасту ҳатто Арабистони Сауди ё Амороти Муттаҳидаи Араб  ҳам  аваалан 10-15% пешпардохт ва боқимондааро  дар давоми 15-20 сол оҳиста -оҳиста пардохт менамоянд. Бо  ин қадар боигари ин кишварҳои ғанӣ ва сарватманд  ягон ҳавопайморо бо пули нақди 100% пешпардохт харидорӣ намекунад.

Инҷо боз ҳамон олими ҷавон, доцент Кабиров Шералишоҳ бо схемаи откати 20%- ба киссаи худ масъаларо ҳал намуда буд ва акаи Ҳасани Аробакашро лох карда буд. Ҳасан он вақт хамчун пассажир ба самолет ҳамагӣ 3-4 маротиба нишаста буду ба  харидани самолет ақлаш рост намегирифту бечора тасавурашро ҳам надошт. Баъд аз каме маълумот пайдо намудан бо ину он бо ақлҳо суҳбат кардан муассиси ширкати  «Сомон Эйр»  фаҳмид ки бо  ин кадар маблагхо 5-6 ҳавопаймои лизингӣ харидан хам  мумкин будааст. Пас аз фаҳмидан аз ин тарзи харид Ҳасан Саъдуллоев бо ин шакли лизингӣ шаш ҳавопаймои дигар харида ба як чазираи офшорӣ бо номи Аруба самолетхоро ба кайд гузошт. (Аруба яке аз ҷазираҳоест тобеи давлати Ҳоланд (голандия) ва хело ҷазираи хурдест. Пойтахташ Оранестад ва аҳолии ин ҷазира 113 ҳазор аҳолӣ аст.)

Ин аст он маблағҳое,  ки  мову шумо ҳамчун ватандӯст саҳмияҳои Роғунро харидори намуда, муддати 12-13 сол , то имрӯз бе барқ умр басар мебарем. Аммо ваъдаи «пешво» нисбати дивидендҳоро интизорем. Асосан мақсади «пешво» ба мо маълум гашт, ки ӯ бо як «дилсузӣ» пулҳои мардумро аз сандуқҳояшон чамъ карда ба сандуқи Оила  гузошт. То мабодо хонаҳои моро дузд назанад, рафтораш мисли падарвор буд. Бале ҳамин тавр  «пешво» ҳар як 3-4 сол бо қиссаҳои ватандӯсти ва нангу номус доштани миллат, идҳои кадуву харбузаву тарбузаш сандуқҳои мардумро холӣ карда меистад. Албатта ин ба он хотир аст, ки мабодо мардум бой шуда маст нашаванд, офарин ба ин сиёсати пешгирифтаи «пешво» !!

Аҷобати кор дар он аст, ки муаллими мактаби миёна ё ин, ки кормандони ҷамоатҳо  500-600 сомонӣ маош мегиранд, маьлумоти олӣ ҳам доранд боз охирон пулҳояшонро ба хотири «ҳидоёт ва дастуру пешниҳодоти судманди пешво» дареғ намедоранд.  Боз миёни мардуми камбағал ва нодори кишвар ташвиқоту тарғибот мебаранд, ки пулҳоятонро супоред, надоред аз бачаҳоятон талаб кунед, то ки  аз Руссия пул  бифирстанд,то ин «пешниҳодоти пешвои миллат»ро амалӣ намоем. Ин муаллим ва раиси ҷамоат ва ин мардуми нодори бечора,  худаш бошад  бо гадои духтар шавҳар медиҳад ё писар зан медихад. Бовар кунед ҳайрон мемонем, ба номи Худо ғуломӣ ва ғуломдорӣ аз ин зиёд намешавад. Ин мардумро ин қадар ба як подаи рама мубаддал гардонидааст. Актери калон дар Тоҷикистони мо  худи «пешво» аст, ӯ бояд ҳатман унвони артисти  шоиста ё хизматнишондода ҳам бигирад дар баробари ин унвонҳое бар худаш барчасп задааст.

Аз мавзуъи асосиямон  каме дур шудем вале бовар кунед инҳо дардҳое мебошанд,ки ҳар рӯз ба мо мардум занг мезананду меноланд.  Агар мо нагӯем ин суханонро аз ҳеҷ куҷое намешунавед. Инҳо дардҳое мебошанд,ки ҷомеаи имрӯзи мо моло моли ин дарду ранҷҳост.

Дар маҷлисҳои паси пардагии қаҳрамонони матлаб чӣ мегузард?

Пиров Тоҷиддин  дар як ҷаласаашон изҳори норозигӣ намуда ба тарафи  Хушаков  Курбон Раҳматович гуфтааст: «яке аз  хатогии бузурги мо дар он буд, ки баъзе шахсони бо маводи мухаддир  кору бор доштаро мо ҳамчун партнер ва ҳам шарик ба бонк гирифтем,  баракаи кор хам париду зери танкиду саркуби «Ислох» ва макомотҳо ҳам шудем, ин ҳам бошад бо тавсияи ту буд.» Бале инро мегӯянд эътирофи талх ва бадтар аз гуноҳ.

Боз дар идома Тоҷиддин Пиров чунин гуфтааст:  «Қурбон Хушаков аҷоиб характер дорад, ҳозир розӣ аст барои иқомаи доимӣ ё шаҳрвандии ягон давлати Аврупоро гирифтан розӣ аст  масҷидро монда ба гуши худ ҳалқа овехта ба танаи худ тату (татуировка)ҳам  бизанад. То ин ки ба максади худ бирасад. Ҳозир шаҳрвандии Русияро як аробакаши Тоҷик ҳам дорад»

Лекин худи  Пиров Тоҷиддин  хеле аз дунё  бо умеди шакаробу курутоб хуриаш кафо мондааст. Хушаков Қурбон Раҳматович бошад даҳҳо миллион пулҳоро бо ҳар схемаҳои шубханок  ҳамроҳи бо сохибкорони Эронӣ аз «Точиксодиротбонк»   берун кашида, шароит  ва зисту зиндагии фарзандон ва бизнесҳои худро барвакт рӯ ба роҳ ва танзим кардааст.

Ба гуфтаи худи Хушаков Қурбон Раҳматович «запасной аэродром»-и хуб ташкил намудааст. Аз аввали фаъолияти якчояашон  доимо «раис» Пиров Тоҷиддин  буд, вале Хушаков Қурбон мисли мори таги остин  маврид ва пайк меҷуст, ва доимо дар фикри мустақил шудан ё ин ки «раис» шудан буд. Албатта фикр мекунем вақташ ҳам қариб  расидааст, ки Пиров Тоҷиддин  акнун Хушаков Қурбонро «раис» гуфта дар берун интизор биистад. Аз рӯйи   маълумотҳои мо ва нақли наздикони Хушаков Қурбон  ин рӯзҳои бузург хело ва хело  наздик шудаанд. Албатта инро Тоҷиддин Пиров худаш ҳам эҳсос не балке бо чашмони сараш дида истодааст.

Ҳоло Хушаков Қурбон  бизнеси арматура ва сементи  сафедро бо Эрон шуруь кардаасту, якчанд маротиба ворид сохтааст ба Тоҷикистон. Аз рӯйи маълумотхои гирифтаи мо шарики бизнесиаш аз Эрон як хонум буда, шиносоии онҳо дар яке аз «сиға»— хонаҳои Теҳрон шурӯъ шуда будааст.  Он зан ба қавли худамон «доя» ё «Очаи Садбарг»— и он даргоҳ будаасту дар солҳои дарози «ҳамкории судманди мутақобила»  бо Хушаков  Қурбон муносибатҳои  танго танги дӯстона пайдо карда аст.  Холо бошад он зан, ки ному насаб  ва нусхаи  шиносномаашро мо аз манбаъи муътамади ба ҳардуямон , яъне ҳам Қурбон Хушаков ва «Ислоҳ» даст рас  намудем бо Хушаков бизнесро хуб ба рӯ ба роҳ намуда дар ҳоли инкишофёбӣ аст. Дар барномаи видеоии ин вижа матлаб боз пурратар бо ҳуҷҷатҳо  ва санаду мадорик тақдиматон менамоем.

Аз рӯйи  маълумотҳои ба дасти мо расида, Хушаков Қурбон аз Лондон бо хамсараш Раиса Махсумовна (номи аслияшон Алқосимбӣ), ки онхо дар мавриди шинос намудани дӯстони аврупои ҳамин тавр як номи ҳозиразамон бо маслиҳати хамдигар  ба ӯ мондаанд, воқеан номи зебо, дар хакикат янгамулло  «Раиса» хам хастанд, баъд аз мақолаҳо ва наворҳои Голивудии «Ислох», дигар  бечора Хушаков Қурбон Раҳматович  аз ҳуқуқи танхо сайругашт кардан пурра  махрум гаштаасту доимо бояд якчоя бо Раиса Махсумовна  сафар кунанд ва дар гуфтушунидҳо низ якҷоя бояд подручка бошанд. Хушаков Қурбон худаш мулло аст,  албатта ягон ривояте пайдо карда бошанд барои ин ҳамроҳии пурбаракаташон. Дар ин сафар ё тури аврупоӣ Хушаков Қурбон ва Раиса Махсумовна ба Фаронса ташриф оварданд   як ду рӯз назди писарашон буданд. Чаро ба мо тамос нагирифтанд,ки як меҳмондории хубашон мекардем ва як интервию ҳам мегирифтем ва ин ҳамаро шарҳ медоданд ва воқеан ин қаҳрамонони «Ислоҳ» набояд ҳамин хел омада бе самар бар гарданд. Сипас ҷанобон аз Фаронса  ба Олмон рафта аз аҳволи парники гулҳо хабар гирифтанд. Дар инҷо кори муҳимме пеш омад, ки бояд ба Голландия рафта баъзе тухмиҳои гулро фаврӣ бояд бо худ ба Тоҷикистон бубуаранд. Албатта ҳамин тавр ҳам намуданд, ҳоло бошад аз рӯйи  нақшаи Раиса Махсумовна бояд ба Туркия парвоз кунанд ва сипас ба Тоҷикистон  баргарданд, албатта агар нақшахои Раиса Махсумовна  тағир наёбад. Чун, ки дар Тоҷикистон гармои шадид ҳукмфармост ва тибқи маълумоти охири расида ба «Ислоҳ» вазири дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода ва як қатор мақомоти вазорати дохила ду ҳафта пеш дар Туркия буданд ва вазир баргашту ҳамроҳони вазир дар Туркия буданд, то дирӯз. Албатта бояд инро низ бигӯем, ки ҷаноби сафири кабири кишвар Ашраф Гулов оғози ҳафта ба Душанбе баргашта аст. Мисле «пешво» пас аз ончи бо Ҷамолиддин Нуралиев гузашт сахт нигарон будааст. Мисле маҷлиси оилавии зери тадобири шадиди амниятӣ қарор будааст доир гардад.

Хамин тавр турнеи Хушаков Қурбон  бо хамсараш Раиса Махсумовна давом дорад, дар ҳақиқат шоистаи таҳсину офарин ҳам ҳаст, ки ба тамоми давлатҳои аврупои кору тиҷорат дорад,  вақте  харҷ аз киссаи бечора муштариёни саргардони бонк намебуд, онро фахри миллат ҳам мегуфтем хато намекардем. Аммо афсус,ки масорифи ин сафарҳо пулҳои мардуми сарсону саргардони муштариёни «Точиксодиротбонк» аст.

Аз вижаи матлаби  гузашта Давлатали Саидов  хафагӣ намудааст, ки парики ман сиёх буд, дар видео чаро зард омадааст, мумкин аст  бо парики Ҷамолиддин  Нуралиев иваз шуда бошад. Ба наздики дар як мақолаи радиои озодӣ ҳисоботи охирони компанияи итолявӣ нашр гардид, ки дар он алакай қимати тендер аз 3,9 миллиард доллар ба 8,2 миллиард расидааст, ана инро «Дуздии Аср» ном гузорем  мешавад. Нақшаи  ҳамаи ин  махинацияҳои пулкоркуниро махз Давлатали Саидов  бо Ҷамолиддин  Нуралиев  кашидаанд, намедонем ин  ҳисобу китобҳои дар ақл чой намегирифта аз ҳисоби нодонӣ, бесаводӣ бошад ё  ин ки нафси калон доштани  аъзоёни Оила?!

Боз қайд менамоем, ки номумкин аст, ки ширкат бо қимати 3,9 миллиард доллар ғолиби тендер шаваду дар вақти сохтумон нарх 2-3 маротиба боло равад, ин маблағи  ду сола бюджети Тоҷикистон аст.

Савол ба миён меояд, ки кучоянд он   вакилони ба ном мардумӣ, кани он ба ном «ҳизбҳои сиёсӣ» ва вакилони ба гуфтаи худашон «оппозиционӣ», дар охир кани он ба ном сарвазир?! Маком ва нуфузи сарвазири дар Тоҷикистон  камтар  аз вазиру раисони вилояту раисони кумитаҳо аст, ин вазифаро бояд барҳам дод. Аслан ягон ричаги ҳокимият дар даст надорад, ғайр аз химояи бизнесхои домодҳову хешу таборони худ.

Дар вижаҳои гузашта як гурӯх одамонро мо бо хоҳиши  худашон ному насаб  ва маблағхои супоридаашон ба «Тоҷиксодиротбонк» ро нашр карда будем, бовар кунед ба сари 3-4 нафари онҳо фаврӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқ омада зери пурсишу фишор баёнотҳо гирифтанд, ки шумо барои чӣ ба «Ислох» муроҷиат намудед,  магар дигар газетаву сайтхо дар Тоҷикистон набуданд?!

Аз як тараф хурсанд шудем, ки ба доди ин мардуми бечора   мақомот    эьтибор дод, лекин дар мавриди саволи муштариён, «пулҳоямонро аз куҷо ва кай мегирем» гуфтанд, бонк муфлис шуд, ҳама аз рӯйи шартнома ба  пункти  «форс-мажор» афтиден, аҷоиб давлату давлатдорӣ ва қонунҳои ғалатие дорад ин ҷаннати сохтаи пешво.

Хурсандиовараш дар он аст, ки даҳҳо нафари дигар пас аз нашри мақолаҳо  ва наворҳо муроҷиат намуданд, ки номҳои онҳоро ҳатман нависем, ва розӣ ҳастанд ба ҳамагуна кормандони ҳукумати суҳбат кунанд, маълум аст, ки халқ хеле аз ҷонаш сер шудааст аз ин ноадолатихои дар кишвар ҳукмфармо.

Идиев Ҳусейни Тоҷикматлуботро фаромӯш накардаем

Мо дар ин вижа исми Идиев Ҳусейнро ҳуқуқи нагирифтан надорем, барои он ки Идиев Ҳусейн бисёр асабӣ ва руҳафтода шудаасту такрор ба такрор ҳақорату дашном намуда мегуфтааст:  «ман ба ки бадӣ кардам, ки маро вақтҳои охир дар «Ислох» менависанд», мисли девона аз ҳама хавф мебурдааст ва ба наздиконаш гуфтааст: «касе тарафи ман нигоҳ кунад фикр мекунам ана ҳамин одам нисбати ман ба «Ислоҳ» маълумот навишта  фиристода аст. Вагарна «Ислоҳ» аз куҷо медонад аз дохили ман?».

Идиев Ҳусейн  бо одамфурӯшиву хушомад ва шайтонгари сохиби даҳҳо миллион доллар ва соҳиби вазифаву ду се зан ва 4-5 ба гуфтаи худаш «арусак» шудаасту  мехоҳад оромона давраи пири ронад. Аммо афсус ки ҳаёт як ранг намемонад, ту бо кадом роҳ ба ин мақом расидиву ин маблағҳоро ҷамъ кардию ғундоштӣ? Мо ба ту мегуем, бо роҳҳои одамфурӯшӣ, хаёти одамонро шикастан, даҳҳо нафаронро хонавайрон сохтан, аз номи Ҳасани дахмарда ба сари мардум зулму ситам намудан, амволҳои мардумро бо ҳар роҳи қаллобӣ ғасб намудан, духтарони мардумро таҷовуз кардан, ана ин аст як қисми роҳи ба максади имрӯза расидаи ту.  Ту барои расидан ва наздик шудан ба Ҳасани даҳмарда наздиктарин ашхоси худро фурӯхтӣ, то ба ин ҷоҳо расӣ. Аммо умр кутоҳ аст ва ҳама амалкарди ту пеши ин мардум ва Аллоҳ сабт аст ва ҳатман ҷавоб хоҳи гуфт.

Бо каме аз ҳаёти Идиев Ҳусайн матлабро ба поён мерасонем

Ҳоло як лаҳзаи кутоҳаки ҳаёти ҷавонии Идиев Ҳусайнро ба ёд меорем. Ҷавонии Идиев Ҳусайн дар ноҳияи Восеъ, қишлоқи Коммунизм, аз рӯйи нақли ҳамсинфонаш гузаштааст. Дар ҳақиқат чавони пеши қишлоқ будааст. Дар солҳои 1980-1983 аз ҳама сару либоси базеб, спортивный костюм «Adidas«, красовкаи «Adidas» дар дасташ доимо магнитофони «Весна 202″  дар болои хари хеле орову торо дода, бо номи «Ҷими», дар гардани хар як қатор зангулачаҳои зард дар офтоб ҷило  медоданду зангула мезаданд, бо як  фахр ва ҳавобаландӣ мисли ҳозира   ду тарафи қишлоқ аз саҳар , то бегоҳ магнитофонро бо овози баланд гузошта  мерафтасту меомадааст. Ҳайрон шудем, ки номи харро  барои чи «Ҷими» гузоштааст, хамсухбати «Ислоҳ» нақл кард, ки кинофильми Ҳиндӣ бо номи  «Танцор диско»  нав баромада буду дар тамоми ҷой суруди «Ҷими-Ҷими» муд  ва хонда мешуд.  Магнитофони Ҳусейн доимо дар дасташ, дар  болои хар бо овози баланд фақат ҳамин сурудро  рӯзе мумкин садҳо ё ҳазорҳо маротиба мехондааст, хар аз зиёд гуш кардани ин суруд гоҳо аз бисёр шунидани ин шеъру мусиқӣ ба завқ омада якчанд маротиба гуё рақс кардааст, ба ҳамин хотир номи харро «Чими» монда будааст.  Идиев Ҳусайн аз ҷавонӣ «соҳибкор» ҳам будааст, бо хари худ баъзе ҷойҳо истода магнитофонро баланд дар ягон майдонча мувофиқи талаби муштариҳо мемондааст, мардум то ки рақсу бози намоянд.  Сипас мувофиқи маслиҳат ба ӯ  пул ё лимонад медода будаанд. Касоне ки қишлоқи Коммунизм, Правда ва Тугараки  Восеъро бидонанд мефаҳманд, ки он ҷо зиёдтар ҷугиҳо зиндагӣ мекунанд. Аммо имрӯз аз он рӯзҳои гузаштаашро бо имрӯзаш якбор қиёс мекарда бошад? Хари Ҷимияшро бо ҷипҳои гаронарзиш иваз карда аст. Агар ин пулҳо бо роҳи ҳалол ба даст меовард ҳеҷ кас эътирозе надошт. Аммо ин пулҳо аз буҷаи кишвар ва хуни ҷигари ин мардуми мазлуми кишвар аст.

Ҳусайн Идиев ба гуфтаи мардуми қишлоқ аз хурдсоли  хуни савдогарӣ доштааст. Албатта пулҳои калон талаботашон ҳам калон аст, шартҳояшон ҳам душвор аст. Инчунин ҷавоб гуфтанаш ҳам вазмину душвортар. Мо ҳоло аз ин дунёяш гап мезанем.

Аммо Идиев Ҳусайн мақсад гузошта будааст, ки бояд ба ҳамин қуллаҳо бирасам, фарқ надорад бо мардӣ ё номардӣ ва  воқеан ҳамин тавр хам шуд. Аллоҳ оқибаташро бахайр гардонад.  Ба Идиев Ҳусайн шояд ҳаёт ва охирҳои рӯзҳои зиндагии дусту , бародараш ва ҳаммаслакаш оиди чиноятҳои  Вадудов Мадиёр дарсе шавад ва каме шабҳо фикр ҳам кунаду ба худ ояд. Тибқи маълумоти охире ба «Ислоҳ» расида Ҳасан Саъдуллоев ба ёрдамчияш супориш дода будааст,ки аз пушти ҳамин Ҳусейн наззоратро хубтар кунад. Албатта мо натавонистем фаҳмида манзур аз наззоратро хубтар кунад ба кадом мақсад бошад? Аммо мо ҳаминро медонем,ки Ҳусайн бо Ҳасан аз он солҳоест,ки Ҳасан ба Душанбе омада буд мебошад. Хело аз сиру асрори ӯро медонад, чизҳоеро медонад,ки барои Ҳасан як шармандагӣ аст. Ҳоло дигар ӯ муовини «пешво» ва тағаи Рустам ва олигархи бузурги кишвар аст. Ончи Ҳусайн Идиев медонад барои Ҳасан Саъдуллоев хушоянд нест. Хулоса пас аз Мадиёр Вадудов аз ин куҳна афроди боқимонда ҳамин Ҳусайн Идиев ҳаст ва се нафари дигар,ки асомии онҳоро низ пурра дар вижаҳои баъди хоҳем гуфт.

Бале хонандаи гиромии «Ислоҳ» дар вижаматолиби  оянда ин шо Аллоҳ аз  саргузаштҳои қахрамонҳои манфиии «Ислоҳ» маълумотҳои ҷолибу хонадание тақдими шумо менамоем.

Поёни вижаматлаби ҳаштум, бо «Ислоҳ» бошед, то бештар огоҳ гардед…

Сообщение Поёни тури Евро-Осиёи Раиса Махсумовна ва Ҷимии Идиев Ҳусайн появились сначала на ISLOH.net.