Архивы Пирзода Сафар Қузратулло - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №156
Агарчи аз аввалин ҳодисаи куштори ваҳшатноки оилаҳо дар Конибодом ним сол мегузарад вале то кунун ягон маврид аз онҳо кушода нашудааст ва омилони асосии ин қатлу кушторҳои занҷираӣ дастгир карда нашудааст.

Чанд вақти пеш ВКД дар як барномаи телевизиониаш нишон дод, ки гуё яке аз ин кушторҳо амали нафари наздики мақтул аст ва ҷое дигар нишон медиҳад, ки инҷо дузде омада будааст. Аммо ба ин ҳама ҳарфҳо касе бовар накард.

Дар Конибодом дар ним соли ахир ҳадди ақал 7 хонаводаро то мусафед ва то духтари ноболиғу кудак зада куштанд. Аммо то кунун ягон муттаҳам дастгир нашудааст ва ягон парвандаи ҷиноии конкретӣ ҳам мавҷуд нест. Аммо дар байни халқ беш аз ҳар овозаи дигар ин овоза бештар паҳн шуда истодааст, ки ин кор кори дасти худи ҳукуматиҳо аст, ки мехоҳанд дар инҷо ягон нооромӣ ба вуҷуд оваранд. Ва ин сару садоҳо ҳам мавҷуд аст ки кушторҳоро худи мақомот амдан ба қирғизҳо рабт медиҳанд. Маълум нест, ки бо паҳну пароканда кардани ин овозаҳо режими Раҳмонов бо мардум чи кор карданӣ аст? Барои Раҳмонов ҷанг бо қирғизҳо ягон фоида ва манфиат дорад, мо намедонем. Аммо аз ҳама аҷиб ин аст ки сардори пулиси Конибодом Полковник Маҳмадсафар Пирзода Қузратулло,  ки ин қатлҳои занҷираӣ дар вақти роҳбарии вай ба амал омад, аз тарафи худи Эмомалӣ Раҳмонов сардори пулиси вилояти Суғд таъин шуд. Магар сардори милиса, ки дар вақти роҳбарии вай шаш оила бо силоҳи оташфишон кушта мешавад вале ҳеҷ изе аз қотилон ошкор карда намешавад бо чи обруе сардори милисаи вилоят таъин мешавад. Фақат барои онки вай аз…. аст?

Конибодом

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол!

Се моҳ шудааст, ки нома нанавиштаам. Барои ҳамин хоб бароям ҳаром шудааст. Рости гап номаҳои охиринро хондам. Дар онҳо шерони нари конибодомӣ хело  бо ҷасорат суҳбатҳо кардаанд. Аммо дар давом онҳо бояд бештар нависанд. Чунки ин охирон номаи ман аст. Ва ман аз шумо мехоҳам ҳар як ҷумлаи ин номаро ба хотири ман нашр ва қироат кунед. Ман ин навбат номаи кутоҳе ба Шумо дорам.

Баъд аз навори «Қатлҳои занҷираӣ дар Конибодом кори кист ва киҳо Конибодомро ноором кардан мехоҳанд?» милисаҳои Хуҷанд ва Душанбе байни худашон гапзанон карда дар деҳаи Санҷидзор ва Ҷаҳонзеб ба гуфти русҳо  «ОПГ» ташкил мекунанд ва дар онҷо бо электрошокер мардумро питка карда допрос мегузаронанд ва мегӯянд «бугу шмо медонен, ки кштагияй бугу».  Онҷо дар мактаб дар яке аз синфхонаҳо  бачаҳои мардумро милисаҳои аз Душанбе  ва Хуҷанд омада бениҳоят сахт азобу лат мекунанд. Ва ин «ОПГ» зидди бачаҳои амнияти Ашт, Кулоб, Истаравшан ва дигар минтақаҳои кӯҳистоннишин мешавад. Питкахона дар яке аз синфхонаҳои мактаби Санҷидзор буд. Санаи 5 июл бошад ба  ҳамин деҳа СС. Ятимов меояд ва бо мардум гуфти гапо нишаст  мекунад. Баъди як рӯз санаи 6 июл ба Санҷидзор Рамазон Раҳимзода меояд ва боз ҳамин сухану  кори СС-ро такрор мекунад.

Ва баъд бачаҳои амният дар умум аз ҷамоати Лоҳутӣ ҳамаро ҷамъ мекунанд ва ба мардум натиҷаи  корашонро  мегӯянд,ки:  «инҷо нест одамкушо». Бояд дигар ноҳияҳоро дид.

Мо мардум шак надорем, ки қотилон дар дигар минтақаҳо ҳоло қарор доранд ва мо мардуми Конибодом мехоҳем, ки қотилонро дар куҷое, ки онҳо набошанд биқапанд. Чор тарафатон қибла бачаҳои амният «бқапенша»! Ё фармони ин қатлҳои занҷираӣ аз худи бачаи Марям буд ?

Дар бораи трафики фураҳои Зоири ҷайра чизе гӯям? Соати 23:47 аз ноҳия ба самти Исфара 3 фура меравад. Шояд Оҷонси зидди наркотик фураҳои Зоирро меқапад?

Ҳоло бошад дилам ба Абдулло Навҷувонови Буратино хеле сухт. Акои Абдуллоро Шоҳрух  руи рост ба тарзи номардона подставааш кард. Ва ин ҳам бояд ба дигар генералҳо дарс шавад ва хусусан ба Эмин Ҷалилови кисагӣ ва бачаю ҷияну набераю шогирдони бешумори вай, ки чи қадар ва чи зара онҳо арзиш доранд.

Акнун резко мегузарем ба пасттарин корманди милисаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи Некруз ва бо алқоби  «қош, ҷугӣ ва ниндзя». Баъд аз ба дигар ҷой таъин шудани раиси вай яъне Пирзодаи хари сиёҳ вай байни ҳамкорони кулобию хуҷандӣ  ва душанбегӣ гуфтааст, ки «ҳамин Пирзода ганда кори умний кард худаша дур кашид дия, вақти Ҷэк мана пешашба фарёд кард мана ҳамин акои Пирзода спасат кард, вай Шоҳрих одамоша ганда зӯр падержка мекунад вай одами зӯр». Манзураш он ки Хари сиёҳ ниндзяра аз баъзе ҳолатҳо спасат карда аст.

Ҳозир боз як участковийи нав таъин шуд аз Мастчоҳи кӯҳӣ, аз Обурдон аст. Хеле назарбаланд аст. Фикр дорад мардуми водии Фарғона ранги водии Зарафшон мурғ буда бошад. Дар ҳоле, ки ин гуна нест.

Ростӣ Ҷалилов дар ин қазияҳои охир агар хоҳад метавонад ду роли муҳимро дошта бошад, якеаш воқеан одами  бе маълумоти бечораи аз ҳама ҷо ақибмонда. дувумаш генерали кисагии аз ҳама чиз хабар дор аст вале тарсу аст.

Чунки ин кушторҳо аввалиндараҷа дар территорияи вай шудагиаст. Шумо тасаввур кунед дар зодгоҳи СС-и муғул 7 оиларо мекушанд ва СС. ранги моҳи хап аст.

СС шахси атеист аст, аммо ӯ бе ақл нест. Як крисаи дузд ҳаст, ки ин қадар оилаҳои аз ҳар гуна миллатро кушт ва мани номанавис мардумро тӯли 3 моҳи ахир огоҳ кардам, вале ҳеҷ. СС. ҳоло умний ход кард ва худашро аз ин ҷо дур кашид. Аз чи сабаб  бошад, ки вай ба шаҳри Бӯстон Қамчибек Тошиевро фарёд кард, барои ба чашми ҳама хок пушидан. Ва гӯё ,ки СС. ба минтақаи мо барои делимитизатсияи марз омада бошад. Инҷо ҳамаҷо тӯли 70 соли шуравӣ хати марз сад фоиз аст. Қирғизҳо бисёри заминҳои тоҷикҳоро гирифтагианд. Аммо СС инҷо рӯирост ҳаромбозӣ ташкил карда истодааст. Ва онро Азия Плюс нишон дод.

Як паёми сахт дорам ба генерал Эмин Ҷалилов

Мо дар бораат ягон чиз ба Ислоҳ нанавиштем, барои ҳурмати сину солат. Лекин ин чизҳо аз ҳадди ҳад гузаштааст. Ягона кори хуби беҳбудӣ барои мардум ва ҳифзи обруи худат карда метавонӣ ин аст ки фарёд кун ҳама сагу кучуку милисаю амниятро ҳамроҳашон, гапи мегуфтагиатро бигу охир! Ақалан шабона сагҳои бо формаи милиса ба хонаҳо надароянд, ранги Некрузи ниндзяи косатарошӣ. Ту ақалан ҳаминро аз кор холӣ ё переводаш накардӣ. Баъди нашри ин нома ба ту як муҳлат. Бигир ин Некрузро аз кор холӣ кун Ҷалилов. Ягона эҳтиром ба солат кардем, вале тоқатамон адо. Моро кушта истодаанд. Аз кор холӣ ё перевод кун. Эҳтиром дорӣ  ба зодгоҳат Ҷалилов?! Навҷувонов баъди ҳамин қадар Буратино гуфтани мардум ба Қарақчиқум натарсида ва нашармида ранги мардак  омад ва ба рӯи ҳама ранги мард нигоҳ кард!  Вале ту чи? Лучше ту дар ҷои Навҷувонов мешудӣ

Шерони нари муаллифони мардумии тими «Ислоҳ» аз ҳамсоя деҳаҳо! Дар бораи участковийҳо ҳаракат кунед бештар нависед. Онҳо ҳама чизро медонанд назар ба баландрутбаҳо. Мардуми мурғшуда бузиро бас кунед!

Хешу таборони кушташудагон бояд то охир талаб намоянд аз мақомот то қотилонро пайдо намоянд. То охир то охир!

Восеъ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.Ман аз Қурбоншаҳиди Восеъ бароятон менависам. Шумо аҳамият надодед. Ба Раҷаби Мирзои ҳамшаҳриамон ҳам дар ин бора гуфта будем, ки бинависад. Чунки дар ҳақиқат ин бисёр як кори даҳшат аст ки дар Восеъ гузашта истодааст. Ин номардҳои хешу табори Раҳмонов тамоман аз дину диёнат дур шуда мардуми тоҷикро намедонам ба чи рӯзҳо оварданианд

Ман дар бораи ҳаммоми Восеъ бароятон навишта будам. Ин ҳаммомро дар рубаруи мактаб сохтанд. Инро Бег Сабури қудои Эмомалӣ Раҳмонов, хусури Зарина Раҳмоноваи духтари Раҳмонов сохтааст. Гап дар ин аст инҷо ба номаш ҳаммом аст. Дар асл инҷо силтавхона шудааст, силтавхонааш кардаанд. Аз тамоми ҷо зану духтарҳои сабукпову бадахлоқро оварда ба мардҳои бадгашту даюс мефурушанд. Ин ҳама ҳолу аҳволро толибаву талабаҳои мактаб мебиннад, муаллиму муаллимаҳо мебинанд! Магар ин корро кардан ва он ҳам дар қишлоқ аз руи одамгарӣ ва инсоф аст? Сардори ин ҳамом Шакуров Эраҷ ном дорад, ки ҳама ӯро дар ғоибаш Эраҷи к…фуруш мегуянд. Ягон майда изову шарм намекунад. Агарчи дар инҷо хешу табори вай ҳам ҳастанд. Духтарҳову арусҳову модарҳои мо дар умрашон ин ҳолро надида буданд.

Э, мур Бег Сабур, дар ҳамин ҳоли пулкоркуниву даромадкуниат.

Хуҷанд

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Бароятон аз ҳоли фурудгоҳи Хуҷанд менависам. Вақте аз хориҷ ба ватанамон, ба Тоҷикистон омадам, нозирони фурудгоҳ ҳангоми телефонҳои мардумро ранги фашистҳо тафтиш карданашон ба ман гуфтанд:
«Бдро кабинети раисда ҳэ будик, қатиш чақ чақ къ, медонум шмо лелнаботиё мақдунира қати чингиз аҳмақш каагиен, медрой сумакта мети меерай, набоша шокер қати ҳушёрт мекнем».
Ногуфта намонад, ки одамҳои телефонҳои нав харидаанд ё телефона очистка сброс карданд инҳо он одаморо ба кабинети допрос медароранд ва мепурсанд:

«-Ку гапза акъ кҷода чанд сол кор мекадӣ , чиба ай Русия тоҷикистон омадӣ , кадом мақсад қати?!»
Мегуфта бошӣ, ки Суғд ё Тоҷикистон ба инҳо аз бобои Сангакашон ба мерос  монда бошад?! Дар ҳоле, ки Эмомалӣ президенти қонунии мо- Раҳмон Набиеви шодравонро ба зурӣ аз мансаб берун карда ҷояшро гирифта буду ӯро номардона кушт.

Боз милисаҳои фурудгоҳ  мепурсанд:
«-Э тъ ай ҷанги Украина грехтай ҳъ, чиба телефонут акаунт надора ҳъ , чиба телефонут навай чиба и ягон телеграм ё инстаграм надора тъ чи мхолифора тамошо намекни абача?, Ози очерадта ждат къ, раиса пешушда зануш омадагияй хай акъ, очерадут мераса сумта метӣ гум мешай фамиди мара лелнаботи бля»-
Ман садои ин корманди фурудгоҳро дорам. Мехоҳам онро дар канали телеграмиатон монед. То ки байни шиносҳои худаш пазор шавад.
Баъд вақти очерад расид маро аввал сагҳои ҳақиқи буй карданд. Баъд диданд, ки тозаям пеши раиси фурудгоҳ даромадам ва аз пешаш як зани либосҳояш каҷалаку буҷалак баромад ранги филмҳои амрикоӣ.
1. Раис пурсид чиба телефонут навай, чиба Тоҷикистон омадӣ? Гуфтам ватанам аст, телефона нав харидам пачка ва коробкаю ҳуҷҷатҳоша дорам.
Раис гуфт: хай акъ я кор къ бти ё шогирдора фарёд кнм?
Баъд маҷбур шудам ба Раҳмонов ва мақомоти  ӯ пул бидиҳам.
Вазъу ҳол дар фурудгоҳи ноҳияи Бӯстони шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд чунин аст бародар Муҳамадиқбол.
Шахсан ман намехоҳам чунин кормандони фурудгоҳро дар ватанам ва ин режими бесаводро дар давлатам бинам. Шояд боъд аз ин нома Раҳмонов зулмро сари мо «лелнаботиё» бештар кунад. Лекин ман аз аҳли хомӯшӣ интихобкардагон не. Ҳоло бошад Қурбонови қурбақа ва Пирови хари сиёҳ ба милисазанҳои хуҷандӣ дастур додаанд, ки ба ҳар активу фаъол суҳбат кунанд. Бо ин корашон ин ду шайтон мехоҳанд ба мардуми шариф ва бузурги мо нишон диҳанд, ки ҳукумат дар дасти «лелнаботиёст».

Исфара

Ассалому алейкум домулло Муҳаммадиқбол! Мо як гуруҳ мухлиси шумо аз Исфара, деҳаи Зумрадшоҳ ҳастем. Номаи моро ҳатман бар «Номаҳо…» ҷой диҳед.

Дар қишлоқ аз дасти одамони Эмомтапак ҷонбезор шудаем. Ҳама ҷоро аз они худ кардаанд. Як кор кунӣ, як чиз фурушӣ налог меояд ба сарат. Мо азоби алимро кашида ангишт мефурухтем, дар чиру чарбу сиёҳӣ ғутида. Аммо ҳоло ин ҳаромхурҳо намемонанд, ки кор кунӣ. Ҳатто ҳамин кумурфуруширо намегузоранд, ин милисаҳои ҳаром. Боз бузҳое дорнад, ки филҳол мефурушанд. Ҳар як шаги мондагиамонро нигоҳ ва назорат мекунанд. Яке аз онҳо   Ғаниев Ҳамид ном дорад. Ин ҳам кумурчи буд, аммо ҳоло номбаном ҳама қишлоқро мефурушад ва ҳамин тавр «кор» карда бангро зада ба инҳо мефурушад ва ҳамаҷо зелёный светофор. Аъзамов Оятулоҳ ва Иззат Ваҳҳобзода инҳо  бошад ронандаҳоро подстава мекунад ба БДА ва сонӣ худаш байн даромада пули калон гирифта халос мекунад. Халқи бечора дар ин қишлоқ зиндагӣ карда наметавонад. Бародар он сафар мо як нома навистем, ки дар барномаатон гузоштед. Мо бисёр минатдор шудам. Аз халқи Зумрадшоҳ  аввалҳо дар сафи мо кам буд, ҳозир зиёд шудааст, се баробар ҳама Ислоҳ тамошо мекунем ва барномаҳои шуморо бе саброна интизорем.

Амрико

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам хуб бошед. Шумо ҳам медонед, ки Аллоҳи меҳрубонро яке аз номҳояш Саттор яъне пушонандаи айбҳо аст. Ман ҳам мисли дигарон як бандаи Худо астам, шояд муртакиби хатое шуда бошам. Ин номаи ман раддия ба номаи №140 аст ки дар он дар нисбати банда ҳарфҳои номуносиб ва беш аз дуруғ гуфта шуд. Яъне маълумоте, ки ба шумо расидааст, нисбати ману коргари ЗАГС валлоҳ, биллоҳ, таллоҳ, ки нодуруст аст. Ман тули  панҷ сол мешавад аз дари Коррупсия надаромадаам. Ман як муддати кутоҳ онҷо будам, мехостам маро ба опергуруҳ гиранд. Як муддат интизор шудам, фармонамро набароварданд, чунки маблағи муайян барои вазифа даркор буд, ман надоштам онро. Падарам  як деҳқон аст. Дар он вақт раисаи ЗАГС  Марям набуд, ман занг зада пурсидам. Марям раисаи ҳозира аст. Он вақтҳо Мумина гуфтанӣ зан раиса буд. Дар он навор шумо гуфтед, ки ман бо коргари архив Мавзуна робита доштаам. Худо шоҳид ҳеҷ алоқае надоштам. Коргари архив номаш Мазуна не, балки Мавҷуда будааст. Ман пурсидам. Шумо Мавзуна гуфтед,ки ин номи ҳамсари ман аст. Паноҳ ба суи Аллоҳ аз чунин даюсӣ. Вай як зани шавҳардор буд дар он вақт, ҳозирашро намедонам. Ман дар он вақтҳо ягон намуди мошин надоштам ва боз инки магазини Пайкон аз хусурбачаҳоям аст, ки онҳо бисёр мардони Худо ҳастанд, ҳамеша пойбанди масҷиданд. Ман ҳар бегоҳ баъд аз кор ба онҷо мерафтам. Бо ҳамроҳии онҳо ба масҷид рафта шомамро мехондам ва баъдан ба хона мерафтам, Шумо метавонед пурседу таҳқиқ кунед.

Дар бари он магазин як дискотека аст ки ба мисли дузах аст.

Алҳамдулиллоҳ ман ба онтараф ҳатто нигоҳ намекунем. Ба кумаки Аллоҳ ман фаҳмидам, ки ин номаро кӣ ба Шумо фиристодааст. Худо шоҳид ин ғарази шахсӣ аст. Устод ман ба хотири ризои Аллоҳ, ки бо луқмаи ҳалол фарзандонамро ба воя расонам, ҳиҷрат кардам, вагарна мисли дигарон метавонистам тамоми умр ҳаром хурӣ карда кори давлат ҷамъ кунам. Устод Аллоҳи меҳрубон бо фазлу карами хеш ин минбари тавҳидро ба Шумо муносиб донистааст. Ба хотири ғазаби як шахс обруи дигареро дар саросари ҷаҳон нарезонед.

Ман, дар як ташкилот кор мекардам. Қариб ду сол мешавад кор намекунам. Ман, ки дигар корро давом надодам, шаш моҳ пас аз баромаданам аз ватан ба сарам маблағи калонро бор карданд. Ҳоло дар ғарибӣ кор карда онро пардохт карда истодаам. Ба Худо қасам ман то ҳол хонаи шахсӣ надорам. Зану фарзандонам дар квартира дар шаҳри Кулоб зиндагӣ мекарданд. Ҳоло бошад онҳоро ба хонаи падарам фиристодам. Мошине, ки дар дастам буд, Аллоҳ шоҳид, аз худам набуд. Пеш аз баромадан ба соҳибаш гардондам. Аз бонк қарз кардам. Агар хоҳед ба шумо равон мекунам, ки аз чанд бонк қарз кардам барои Амрико омадан. Ин ғарази шахсӣ аст ба Худо қасам. Ман ягон одами важнийи ҷамъиятӣ нестам. Аз ҳамин фисқу фасод гурехта ба инҷо омадам, ки зиндагии ором дошта бошам. Ба шумо мардонавор ваъда медиҳам,ки дар ин роҳи тавҳид дар бари шумо рост меистам агар танҳо ба хотири Аллоҳ бошад.

Аллоҳ аз қалбу забонам огоҳ аст, ки ҷуз ҳақиқат чизе нест. Имруз Аллоҳ минбари Тавҳидро башумо додааст.Тасмим ҳам аз они шумост. Агар мисли дигарон ҳаром хурда онҷо кор мекардам инқадар дардам намекард. Ман тоби ин шармандагиро надорам. Ба хотири луқмаи ҳалол ҳиҷрат кардам. Танҳо Аллоҳ медонад аз сарам чи сахтиҳо гузаштааст. Ман марди беномус нестам. Аз ҷонам ҳам обуруям беҳтар аст бароям. Худо аз шумо розӣ бошад. Шояд дар гузашта хатое кардаем. Он вақтҳо ман  бисту ду, бисту се сол доштам, бисёр ҷавон будам. Аллоҳ доност, ки дар роҳи ҳақ рафта истодаем.

Алмаато

Ассалому алайкум бародар  Муҳаммадиқбол! Дуогуй ҳастем, ки сиҳату саломат бошед. Мо як гуруҳ дар бозори Алмаато ба номи Зелёный кор мекунем. Аз дасти як хел чоплусҳои худозада рӯз надорем.

Аввалан-Худо баъдан шумо ба доди мо мерасед. Дируз ҷангу ҷанҷол шуд, баъдан маҷлис барпо гардид, дар ошхонаи Малика. Ин ошхона азони ҳоҷӣ Сайид аст- раиси тоҷикони вилоят. Дар маҷлис кормандони сафорат ҳам ҳузур доштанд. Консули генералӣ номаш Бобохонзода Равшан. Аҷоибии кор ҳамин  аст ки ягон кас даҳони ин лаънатиҳоро маҳкам карда наметавонад. Дар ҷанги шудагӣ гунаҳгор инҳо ҳастанду дигар одами бечораро гунаҳгор меҳисобанд ба тахаллуси «Авлод». Ҳама медонад, ки гунаҳгор кӣ аст. Аз Худо битарсед, пули зиёд бурда надиҳед. Собири гушлақа то кай пушти туро Акобир ё Сулаймон мегиранд? Ҳоло ин корҳои кардагият, ҷавоб дорад. Дар милицияи куҷо сарф мекунеду Авлоди бечораро гунаҳгор мекунед.

1. Ҳоҷӣ Сайид Карахон-райиси тоҷикони Алмаато. Ин худозадаи беномуси арақфуруши-фоҳишагӣ ба ном Мулло ҳам ҳаст. Аз дасташ ягон кор ҳам намеояд. Ҳамин ҷангуҷанҷолро ҳал карда натавонистӣ. Фақат тарафи тарозуро нигоҳ мекунад. Агар соҳиб надошта бошӣ, дар шумори одам ҳисобат намекунад.

2.Ҳоҷӣ Сулаймони Рашидов,

3. Акобир Рашидов, инҳо як худобехабари лаънат кардаи аллоҳанд. Дар бозорҳо зулм мекунад,ҷанг меандозанд. Ҷангуҷанҷол барои як порча ҷои меваю сабзавот фурушӣ. Наход барои якпорча ҷой кордкашӣ кунед? Аз дасти инҳо мо муҳоҷирон фақат зарар мебинем. Кормандони мақомоти Қазоқистон рейдҳо доир карда одамони зиёди бечораро депорт карданд. Ба доди тоҷик ҳеҷ кас намерасад. Ин ҷангдозҳо ҳамааш хешу табори ҳамин ҳоҷӣ Сулаймону Акобир ҳастанд. Агар дар ёдатон бошад навор карда будед ҳоҷӣ Ҳайдари ленинградиро. Аз Қурғонтеппа аст, чоплуси калони инҳо аст, бародари ин номардҳо аст. Ба инҳо сануман кунӣ аз одамҳои мақомоти Тоҷикистон метарсонанд, номҳои кормандони мақомотро мегиранд: «агар гапи зиёд кунӣ, мо медонем чи кор кунем ба-шумо» мегуянд.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз як ҳодисаи реалӣ бароятон менависам.

Бо як ҳамдеҳаам аз Тоҷикистон ба Россия парвоз мекардем. Вақте ба аэропорт ворид шудем, дар ҷое, ки сумкаҳоро ба тарозу мемонед, ки як коргари аэропорт бо як бачае, ки дар аэропорт кор мекунад бо як зани тоҷик разбор дошт, барои сумкаи ин зан, ки 30 кг буд, бори изофагӣ дошт. Вақте мо сумкаро ба тарозу мондем сумкаи ман пур буд, аммо сумкаи ҳамроҳам 8 кг буд. Баъд коргари аэропорт гуфт, «ҳами хоҳар бори зиётӣ дора, сумкаи ту холияй ба ҳами хоҳар ёри намекни»? Вай гуфт майлӣ. Аз сумкаи хоҳар примерно 10 кг борро ба сумкаи ин бача гирифт. Баъд, вақте мерафтем коргари аэропорт ба сари ин зан гуфт ба 10 кило пул пардохт кунад. Ин зан гуфт, ки барои чӣ боз сум пардохт кунам? Ин коргари аэропорт гуфт, ки « и бачара ман уговорить кардам, агар нахоҳӣ бората обратно бигӣ ва сумша супор». Ин зан ноилоҷ боз ба 10 кг ба он коргари аэропорт сум дод.

Коргарони аэропорт ба мардум бе пул кумак намекунанд.

Сообщение  Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №156 появились сначала на ISLOH.net.

Қатлҳои занҷираӣ дар Конибодом кори кист ва киҳо Конибодомро ноором кардан мехоҳанд?
Сухангуи вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, ки чанд навореро роҷеъ ба қатлҳои занҷираии ахир дар Конибодом нишон дод, гуфт, ки ин ҳодисаҳоро душманони миллат таври дигар шарҳу тавзеҳ карда иғвову дасисаву фитна эҷод карданианд.

Ҳодисаи қатлҳои занҷираӣ ва мармузи оилаҳо дар чанд моҳи ахир дар Конибодом,-ноҳияи комилан орому босубот ҳамоно сокинони ин қисмати кишварро дар рубъу ваҳшат нигоҳ доштааст. Аммо шарҳу тафсири шубҳаангезтари ин ҳаводиси хунин ва бори души мардуми худи ин ноҳия ва ҳатто пайвандони кушташудаҳо кардани онҳо аз тарафи мақомот сокинонро бештар дар изтиробу тарс даровардааст.

Пойгоҳи «Ислоҳ», ҳануз аз аввалин ҳодисаи ин қатлҳо мавод ба чоп расонида ҷомеаи кишварро аз тамоми ин ҷараёнот огоҳ карда буд. Ва гуфта будем, ки минбаъд низ тавассути муаллифони худ ва аъзои тими «Ислоҳ» дар Конибодом раванди ин қазияҳоро пайгирӣ хоҳем кард. Ва ҳоло боз як матлаби марбут ба ин ҳодисаҳоро пешкашатон мекунем.

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу тими «Ислоҳ», мардуми шарифи Тоҷикистон ва бародари азиз домуллои муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин!
Ҳар он чизе, ки дар моҳҳои май ва июн дар Конибодом руй дод ҳамроҳи шумо пешкаши мардуми Тоҷикистон менамоем. Бо хости Худо нақшаҳои шуму палиду касифи амният ва мақомоти Раҳмонови одамкушро ифшо хоҳем кард.

Чаро ман Раҳмоновро одамкуш гуфта истодаам, ҳангоми навиштани нома бо факту далел исбот менамоям.

Ҳамон шаби 28 -уми май, ки ин ҳодисаи ду куштор руй дод ин ҳама милисаҳои зиёд куҷоро нигоҳ мекарданд, ба чи кор машғул буданд? Шумораи онҳо танҳо дар як деҳаи Санҷидзор, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир ва аз марзи Қирғизистон 25 — 30 километр дуртар аст, кам нест. Дар 8 мошин нишаста буданд. Дар ин деҳа ҳудуди 100 оила зиндагӣ дорад, яъне  аҳолии кам дорад. Барои ҳамин киллерҳои Эмомалӣ ин маълумотҳоро хуб фаҳмида онҷоро интихоб мекунанд. Ин ҳам дар ҳоле аст ки дар ҳудуди Санҷидзор як штаби калони милисаҳо ҷойгир аст. Ин штаб баъди ҷанги тоҷику қирғиз ташкил шуда буд. Ин ягона тасодуфе нест дар ин қазия!
Милисаҳо дар ихтиёрашон план яъне нақшаи ҷойгиршавии хонаҳоро доранд. Чи гуна хонаҳо сохта шудагӣ, чанд метр девор доранд, дар куҷо меҳмонхона, айвон ва ҳоҷатхона воқеъ аст. Инҳо мехоҳанд чизеро пинҳон карда «амалиётҳо»-и дар моҳи Рамазон шударо бар дӯши дигарон бор кунанд.
Шояд инҷо Сорбон (ҳамон қотили снайперисти СС.Ятимов) даст дошта бошад. Аммо агар ин кори СС Ятимов бошад ва ё агар ин кори Шоҳрух бошад бояд дигар ниҳодро ҳам дид.

Ҳамон шаб,  баъди куштор дар деҳаи Санҷидзор, прокурори ноҳия, сардори навтаъиншудаи милисаи вилоят Маҳмадсафар Пирзода, одами Шоҳрух бо кличкаи «хари сиёҳ» ва раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, мулаққаб ба Қофлонбой, генерал Ҷалилов Эминҷон, собиқ сардори РВКД  дар вилояти Суғд Абдуллоҳ Навҷувонови Буратино омада буданд.
Онҷо ба милисаҳо дастур дода шуд, ки аз деҳаҳои ҳамсоя,аз деҳаҳои Ҷаҳонзеб ва деҳоти Лоҳутии150 – 200- тои мардҳоро ҳамчун шоҳиди зинда биёранд.
Барои чӣ ва барои кӣ ин қадар саҳнача ва худнамоишӣ ташкил карда шуд?
Қотилон ё аз сагҳои амнияти СС. Ятимови оқи падар ё аз сагҳои дигар ниҳоде мебошанд, ки онҳо байни худ бо Ятимов ҳоло дар ҷанг қарор доранд.
Қотилон пеш аз ба хона даромадан аввал аз кӯча барқи хонаро хомӯш мекунанд, чунки ҳоло дар Тоҷикистон тибқи яке аз қонунҳои бачаи Марями гурсухта, счётчикҳои барқҳои хонаҳои одамон бояд дар кӯча ҷойгир шавад, баъди хомуш кардани барқ онҳо хона медароянд.
Киллерҳо тарзе рафтор мекунанд, ки гӯё ин кушторҳоро барои пули аз Русия интиқол шуда карда бошанд. Ҳатто бо сигарет руйҳои бачаҳоро месузонад, аммо на дар ҳамаи кушторҳо пулу тиловориро қотилон бо худ бурда буданд.
Ногуфта намонад, ки зани Баҳодур як коре карда аз дасти қотилон раҳо ёфта ба роҳи мошин баромада аз се — чор мошин ёрдам мепурсад. Пеши роҳро мегирад, хеле саҳнаи душвортасаввур аст бародар Муҳаммадиқбол, аммо касе намеистад.
Ҷасадҳои ин хонаводаро Раҳмонов ва мақомоти бесаводи вай ду бор ба хок супориданд ва боз аз хок гирифтанд, чун онҳо вазифаҳоро харидагианд. Экспертизаро ду бора мегиранд, чунки ба хулосаи амали худашон шак доранд Дуввумин бор кадрҳо ва мутахассисони аз Душанбе экспертиза мекунанд? Ба хотири чӣ? Номаълум. Экспертизияи аввалинаш аз вилоятӣ буд.

Ҳоло аз ҳамон шаби куштор каме пештар меравем.
Баъди куштор содир шудан аввалин гумонбарон- офицерҳо аз мақомоти милиса буданд ва аз онҳо днк- тест гирифтанд. Аммо баъд чизе ва гапе набаромад, чун гуё онҳо онҷо қуш набуданд, аммо ман намедонам онҳо то ба ҳол дар ҳабсанд ё не.
Баъди ҳабси офицерҳо ба деҳаи ҳамсоя- ба Ҷаҳонзеб, ба мактаби миёнаи ба номи Садриддин Айни №29  Раҳмонов милисаҳоро аз Мастчоҳ, Ашт, Кӯлоб ва Истаравшан оварда дар масҷиди деҳа-ҳамон масҷиди дар назди қасри Ҷалиловҳо   ҷойгир карданд.
Баъдан шурӯъ карданд аз аввали ноҳияи Конибодом — аз деҳаи Санҷидзор, ки онҷо максимум 50 — 70 оила зиндагӣ мекард, то охирин деҳаи ноҳия ва ҷамоатҳо аз мардуми сини 18 то 55 сола отпечатка палтсий гирифтанд.

Штаби дигари онҳо дар Хистеварз ҷойгир аст.  Отпечаткаро аз ҳама сокинон, ки зиндагӣ мекунанд, узбеку тоҷику қирғиз гирифтанд. Ин кори он дуруст ба мисли саҳначае аз «Хандинкамон»-барномаи ҳаҷвии телевизионӣ гуем ҳам мешавад, аммо «масштабный» ва серхарҷ.

Бародар Муҳаммадиқбол! Бахудо манбаъи шумо аз ноҳияи мо маълумотҳоро дуруст ба шумо мерасонд. Манзурам он аст ки худи ҳодисаҳоро дуруст навиштааст, аммо ӯ пушти воқеъиятҳоро надониста ба Навҷувонов рабт медод.

Ба назари мо бошад инҷо чизе ҳаст байни СС Ятимов ва Маҳмадсафар Пирзодаи одами Шоҳрух Саидзода. Ва ин мавзуъро дар давоми нома боз дубора хоҳем бардошт. Чунки аз чанд вақт пештар гапгап буд, ки Пирзода сардори милисаи вилоят мешавад, аммо гуё СС.Ятимов розӣ набудааст.

Подполковник Акбар Шарифӣ, сухангуи РВКД дар вилояти Суғд, ки бар душаш масъулияти барандагӣ ва допроскунии муйсафеду кампирҳои солхурда вогузор шудааст, дар барномаҳои Ахбори ВКД ва «Пайки СУҒД» ҳамеша намёку «пичинг» карда мегӯяд, ки «Ба васвасаҳои гурӯҳҳои тундрав ва душманони миллат эътибор надиҳед, кормандони мақомот бисёр ҳам заҳмат кашида истодаанд, ба иғвогарҳо ва гапи онҳо бовар накунед. Онҳо ин ҳодисаҳои дар Конибодом шударо ба  манфиати худашон шарҳ дода истодаанд».

Акбар Шарифӣ 4 сол пеш рутбаи капитан дошт.

Дар давоми ин сол досрочно рутбаи полковникро чи гуна тавонист гирад? Магар барои ҳабс кардани кампиру муйсафедҳои 70,80 сола? Агар ӯ мард бошад, дар барномаи навбатияш ба мардум «кӣ будани» худашро пешкаш намояд ё ақалан ба мардуми тарс ва ваҳшатзадаи ноҳия аз ягон пешравӣ дар тафтишоти ин қазияҳо гуяд?! Албатта намегуяд!

Аммо ин намёкҳои подполковник Акбар Шарифӣ аз дигар чиз далолат мекунад. Яъне исбот мекунад, ки Акбар Шарифӣ мо шо Аллоҳ пайгирии доимӣ аз «Номаҳо…»и Ислоҳ мекунад ва ӯ инро аз барномаи Ахбори ВКД ба мардум ба тарзе ва ба гунае воруна ва бар акс мерасонад. Дар асл корро «Ислоҳ» кардагӣ, барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»

Бар мегардем ба саҳари куштор. Ҳамон шаб ва саҳар акс ва расмҳои оилаи кушташударо мақомот дар интернет пахш кард. Бо кадом мақсад ва чаро?!
Баъдан дар «Азия Плюс», ки канали Ютуби аз они диктаторҳои СНГ ба ҳисоб меравад, нашр шуд.
Чаро?! Се сол пеш вақте Раҳмонов хост  «внимания»-и мардумро аз Бадахшон ба Исфара ва Конибодом ҷалб намояд ана ҳамин расонаи кисагӣ аз танку тубҳои ду давлат ва задухӯрдҳои онҳо барномаҳо пахш мекард. Ҳатто бо забонҳои арабӣ, турки ва англисӣ блогерони кисагии режим тарзе барнома нашр карданд, ки ҳама диққати мардум ба самти Ворух ҷалб карда шавад.
Чаро ҳоло мақомоти харида ва фурӯхта мешудаи Русия ва хусусан ниҳоди «ФМС» хусусан ба шаҳрвандони вилояти Суғд дар шаҳрҳои мухталифи Русия гуфта истодааст,ки  «На север Таджикистана зашла оппозиция и убивает всех»…
Оё касе аз ҳукуматиҳо метавонад ин суханҳои русҳоро шарҳ диҳад?! Оё ягон «рӯй сурхак»-е пайдо мешуда бошад?!

Ё ҳодисаи Асадулло ба ҳама чоплусакон дарси ибрат шудааст?!
Мегузарем ба кадри Шоҳрух бо тахаллуси «Хари Сиёҳ», ба собиқ сардори милисаи ноҳияи Конибодом, ки дар вақти фаъолияти ӯ чандин кушторҳо ба вуқӯъ пайваст: номаш Полковник Маҳмадсафар Пирзода Қузратулло, зодаи шаҳри Кӯлоб аст. Дар ноҳия баня дошт. Онҷо рӯзҳои истироҳат нафаронеро ба монанди Тахминаи Клеопатра ҷалб мекард. Дар ҳоле ки худаш 4 зан дорад дар Душанбе.
Баъди нашри барнормаи «Номаҳо…» аз ҷониби «Ислоҳ», роҷеъ ба ҳодисаи кушторҳо дар Конибодом, ки он вақт ҳануз  Полковник Маҳмадсафар Пирзода Қузратуллои «хари сиёҳ» ба ҷои Абдулло Навҷучонов таъин нашуда буд ва фақат гапу калоча дар бораи таъиноти вай ба ҷойи Навҷувонов мерафт ӯ бо мардум суҳбат гузаронд. Ин суҳбати вай як ҳафта баъди ҳодисаи куштори охирон сурат гирифт. Полковник Маҳмадсафар Пирзода Қузратулло ва милисаҳои вай ба ҷамоат омада, «активу фаъолонро» зери офтоби 38° ҷамъ карда мегӯяд:
«Охи чиба уқа дшманои миллат қатӣ гап мезанен? охи камтар ба «Ислоҳ» нома нависен, маълумот равон мекаден, уно фаҳмидан, ки шмо хонаҳои холӣ, мардҳои да Русия буда дорен, одамоша равон кадан, омада инҷо оилаҳоро куштестан, бген брасонен ҳамада уқа хоино қатӣ гап назана набоша ай ирам зиёдтар уно одамои тайёр кадашона рои мекнантон».
Савол ин аст ки чаро нафаре, ки мансабдоре, ки масъулияти муҳофизати тартиботу суботу оромии як ноҳияи калонро бар уҳда дорад ба мардум ин гуна суханҳоро гуфт? Чаро роҷеъ ба кушторҳо чизе нагуфт ва хомушона ин вазъиятро бе ягон шарҳ ва гузориш рост ва тоза ба «Озодӣ» ва «Азия Плюс» равон карданд?!
Чунки инҷо байни амнияти СС Ятимов ва Шоҳрух ҷанги дохилӣ ҳаст ва ин ҷанг дар сари вақти шурӯъ шавияш аст. Аммо мардум дар байни ҷангҳои инҳо то ба кай қурбон мешаванд ?! Охир дар ин замона бачаро то ба сини 15 — 17 солагӣ калон кардан кори осон аст магар?!
Чаро СС  Ятимов санаи 26- 27 май, то ҳодисаи куштори охирӣ ва боз баъдан   санаҳои 5 — 7 июн баъди куштор ба Конибодом мисли дуздҳо хомушу пинҳон омада рафту аммо бо мардум суҳбате нагузаронд ва мардумро итминони хотир надод, ки амнияти онҳо таъмин карда мешавад? СС.Ятимов масъули амнияти Конибодом ҳам ҳаст ё не? Конибодом ҳам ба Тоҷикистон медарояд ё не? Оё касе метавонад ба саволи ман ҷавоб дода?!
Охир дугоникҳо: СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзодаи Ҷеки Чан ҳам бача доранд ва онҳоро мардум зери чашм кардагиянд. Имрӯз мо, фардо Худо метавонад тарзе кунад, ки бачаҳою занҳои дугоникҳо дар ҷои оилаи Баҳодури мотамзада бошанд.
Бародар Муҳаммадиқбол баъди куштор ҳатто падари ҳамон хонавода-Баҳодурро, Раҳмонов ва мақомоти вай бо иттиҳоми тамошои «Ислоҳ» ба ҳабс гирифтанд.
Дар ҳоле, ки подполковник Акбар Шарифӣ барандаи ахбори вазорати дохилӣ дар вилояти Суғд ва касе, ки зидди пиронсолон муборизаи беамон мебарад, худаш яке аз хонандагони ашадии «Номаҳо…»-и пойгоҳи «Ислоҳ» мебошад. Пас Акбарро ҳам зиндонӣ кунед!
Ҳоло бошад барқро бегоҳӣ хомӯш мекунанд, чунки аз деҳаҳои мо махсус мошинҳои военнийи боркаш дар сопровождении милиса мегузарад. Магар ин худнамоишии генералҳои частҳои назди марзӣ аст?! Ё барои мардумро бештар тарс додан?! Инҳо дигар роҳе ғайр аз бо танку тӯб тарсонидан наёфтанд, магар ин аст давлати соҳибистиқлол?

Як участковий дорем лақабаш «Барак Обама» мебошад. Кору бораш бар зидди кампирҳо мубориза бурдан аст.
Асосан маълумотро аз муйсафедҳо мегирад. Дар бозорҳову чойхонаҳо ва ҳатто дар ҳоҷатхонаҳо. Бо як ошхоначи арақ хурда-арақ хурда ба бовараш даромада подставаш мекунад. Ва он бечораро  бо статяи Муҳаммадиқбол маҳкамаш мекунад. Хеле ба Худо крыса аст.
Ҳозир бошад зидди Эркин Ҷалилзода маълумотҳо ҷамъ карда истодааст, то ки дар оянда зидди ӯ «козер» дошта бошад, чун байнашон чизе шудааст. Онҳо душман шудагианд. Ин «Барак Обама» аз Истаравшан аст, ранги чашмаш кабуд. Аввалин гумонбар баъди офитсерҳо ҳамин одам буд. Як ёрдамчӣ дорад. Ҳамроҳи вай дар моҳи Рамазон мардумро ба дод оварда буд.
Ин Барак Обама ҳамроҳ бо дигар милисаҳо баъди суҳбатҳои Ҳоҷӣ Мирзо, ки «ҳиҷоб да Тоҷикистон мумкинай» дар бозорхо хеле лоф зада мегуяд: «мумкинай руймолу сатр, Ҷаноби олӣ гуфтагиян, садай ҳамма бпушен ягон кас чизе намега» .
Ҳамроҳ бо рафиқаш ҳоло ба дасташ туф карда қасам хурдаги аст то ки клани Ҷалиловҳоро сарнагун кунад. Ҳозир вай дар ҷустуҷӯи кампирҳои шамъмонак ҳаст. Аммо намедонад, ки ин гуна чизҳо дар мардум аз давраи Сосониён, аз ҳамон давраи «ориёӣ» боқӣ монда аст. Охир эй Эмомали Раҳмон ту «ориёӣ» ҳастӣ, пас чаро ин амниятиҳо ин корҳои аҳмақона ва хандаоварро зидди анъанаву оини   таърихи 6000 солаат мекунанд? Ё магар Ҷаноби Олӣ «Ориёӣ» нест?

Мегузарем ба сохтакориҳои амният. Онҳо ду сохтакорӣ карданд: якумаш гӯё 11 нафар шаҳрванди ҳамсоя кишвар ин корро мекарданӣ шуданд. Ва расонаи «AZDA TV» ин ғалатро бовар карда нашр кард. Охир ноҳияи Конибодом ба монанди дигар ноҳияҳо комилан дар ҳудуди Тоҷикистон воқеъ аст ва аз марз 30 км дур ҷойгир шудааст.

Баъди ҳамаи ин воқеъаҳо ҳоло бошад Додситони кулли Тоҷикистон, талаб карда истодааст, ки қотилонро ҷустуҷӯ карда қапанд.
Вале аз ин магар сохтакории бузург дар ягон ҷо  буда бошад?!
Магар барои талаб кардани барқ Раҳмонови модар бахаторафта ва мақомоти вай интиқомашро аз кӯдакон мегирифта бошад? Наход то ҳамин дараҷа мардум бе соҳиб бошад?!

Мардум ва бинандаи доимии «Ислоҳ», набояд фаромӯш кард, ки инҷо чи чизе ва чи гапе байни дугоникҳо ва хусусан СС. Ятимов ва дигар ниҳоди қудратӣ ва кадрҳои нав таъинкардаи Рустами наркоман ҳаст ва қурбонии ҷанги инҳо танҳо мардуми бегуноҳ хоҳад шуд. Ҳоло имкон дорад ин қатлҳои занҷираии Конибодомро ҳам ба парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода зананд, чуноне боздоштҳои Язгулом ва язгуломиҳоро зада истодаанд.
Охир, бародар Муҳаммадиқбол нигоҳ кунед ба гардан ва китфҳои обутобёфтаи ҳамон сиёҳпуши дар камера сабт шуда. Вай одами деҳотӣ нест. Чаро мақомот ин гуна видеоҳоро ба мардум паҳн мекунанд аммо чизе намегуяд?!

Ҳозир мардуми ноҳия дар тарсу ваҳшат ғута задагӣ ва намедонанд, чи кор кунанд. Бо сагҳои амният ҳамкорӣ кунанд ё не, чунки ҳоло амният аз сабаби ноуҳдабароияш ва натиҷаи сифраш(0-нол резултат) ва худашро зарб заданаш, делоҳои 20 — 30 сол пеш содир шударо гӯё дида баромада истодааст. Аз чи сабаб бошад, ки ҳатто нафақахурҳои собиқадорро даъват карда истодаанд.
Магар аз ин саҳначаҳо сохтагиашон, ки ҷони одамҳоро гирифтанд, ноҳияро ба тарсу таҳлука андохтаанд дар ягон ноҳия вуқуъе пайваста аст? Дар ягон ноҳияи қисмати шимоли Тоҷикистон ин ҳолат руй надодааст.

Санаи 15 июн бошад масъули бозбинии ин дело бачаҳои мактабхонро маҷбур кардааст, ки дар замину саҳроҳои Санҷидзор гӯё телефони яке аз одамкушон дар ҷое ғалтида гум шуда бошад ва онҳо телефонро бояд бикобанд.
Аҳли ҳунармандони театри ҳаҷвии «Хандинкамон» дар назди ин амниятиҳо ҳеҷанд дар масъалаи саҳначасозӣ.

Магар ин чизҳоро подполковник Акбар Шарифӣ муборизи зидди пиронсолон аз минбараш мегуфта бошад ?!
Албатта не, чун дар ин режими одамкуш ва одамрабои Раҳмонов касе ва чизе ба сазои аъмолаш то ба ҳол нарасидааст.

Бо иҷозати шумо бародар Муҳаммадиқбол ман дуои мардуми ноҳияи Конибодомро ба номардтарин шахси аср, диктатори худкомаи давлат мерасонам.
«Раҳмонов, Илоҳо як рӯз ту ҳам бачаву набераҳои бешуморатро дар чунин ҳолат бубинӣ;  Илоҳо як рӯз Фирузаро, Озодаро, Тахминаро, Рухшонаро, Сомонро, Фаридунро, Парвинаро, Рустами герчикро, Исмоили пингвинро ва Азизмора   дар хонаат дар чунин ҳолу аҳвол бубинӣ!

Омин, омин, омин «.
Амниятиҳое, ки дар ин қазия ба тарзу ба гунае даст доранд, илоҳо як руз шумо зану модару падару бачаҳоятонро дар чунин ҳолат бубинед, ва он вақт фарқ надорад шумо дар Русия , Амрико Аврупо ё дар Хитоед, чун назари Худо дар ҳамаҷост.
Ин рӯзҳо мардуми ҷигарсухтаи Конибодом мотам дорад. Аз 5 хонаводаи кушташудаи дигар, кӣ ва кадом раиси ниҳод дар назди Худо ва дар назди қонуни Тоҷикистон ҷавоб медода бошад? Ё ин кор кори шахсан Эмомалӣ аст барои СС. Ятимовро баъди ин гап аз кор гирифтан? Охир кӣ барои ба қатл расида шудани ин қадар хонаводаҳо паси се моҳи ахир ҷавоб мегуфта бошад? Ятимов? Рамазон Раҳимзода? Ё Полковник Маҳмадсафар Пирзода Қузратуллои ноуҳдабарои вазифахарак, ки дар ҷойи Буратино-Абдулло Навҷувонов сардори милисаи вилоят шуд. Буратино рафту ба ҷояш Хари сиёҳ омад.

Бо кадом малакаи касбӣ Муҳамадсафр Пирзода Қузратулло, ки қатлҳои занҷираиро натавонист ошкор кунад бар замми ин ноуҳдабароияш ӯро мақоми болотаре додед?

Мардуми Хуҷанд эҳтиёт кунед, чун андак бадбахти зери дарвозаи Шумо рафт.
Худо кунад, ки ин бадбахти ва мотам назди оилаю хонаводаҳои яко-яки худи онҳо бар гардад.
Афроди дастдошта аз ҳукуматиҳо ва амниятиҳои золими одам куш, хуб бихонед ва гӯш кунед:
«Илоҳо қотилон ва киллерони Шумо як рӯз дару дарвозаҳои худатонро «тақ-тақ» кунад,
Омин!…
إِنَّا لِلّهِ وَإِنَّـا إِلَيْهِ رَاجِعونَ)

Сообщение Қатлҳои занҷираӣ дар Конибодом кори кист ва киҳо Конибодомро ноором кардан мехоҳанд? появились сначала на ISLOH.net.

Конибодомиҳо аз сардори ШВКДи худ ба “Ислоҳ” шикоят карданд
3 декабри соли 2018 бо розигии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов  ва бо фармони вазири корҳои доҳилӣ Раҳимзода Рамазон  подполковники милитсия Пирзода Сафар Қузратулло – сардори ШВКД дар шаҳри Конибодом таъин шуд. Мусибати мардуми Конибодом ҳам аз он рӯз шуруъ шуд.

Баъди ба кор шуруъ намудани Пирзода Сафар Қузратулло ба ҳайси сардори  милитсия бедодгариҳои кормандони милитсия  аз нав сар шуд ва  Конибодоми обод ба харобазор табдил ёфт. То ин дам собиқ сардори милитсияи шаҳри Конибодом Маҳмадзода Алимардон Маҳмад дар мақомоти милитсияи шаҳри Конибодом  тартибот дароварда буд. Милитсияҳо одамонро дар кўча, бозор бар ва қалянхона ғайриқонунӣ дастгир карданро хотима дода буданд.

Вале бо омадани Пирзода С.Қ. ба ШВКД шаҳри Конибодом боз кормандони милитсия бедодгариҳоро сар карданд. Сокинонро бе ягон айб ё айби ночиз, милисаҳо дастгир карданро сар карданд. Кормандони Уголовний розиск бо сардории Эминҷонзода Эркин, ки писари Ҷалилов Эмин, собиқ сардори ШВКД ноҳияи Мастчоҳ буд ва ҳозир муовини сардори РВКД вилояти Суғд мебошад, сокинонро сахт ғам медиҳанд. Эркин расо ҳам одами баднафс буда, аз одамон пул талаб намуда мегирад вале корҳои онҳоро ҳал намекунад. Чандин нафарро фиреб дод. Магазину ошхонаҳо, қалян бару дорухонаҳоро кришават мекунад ва аз онҳо маблағи муайян гирифта меистад. Барои пуштибониаш. Шабона бо ду се нафар ҳамкоронаш ба дискоклуб, чойхона ва калян барҳо рафта шербачаҳои конибодомиро тартиботи  ҷамъиятиро вайрон кардӣ гуфта онҳоро ба милисахона мебарад, агар пул дошта бошад пулашро мегираду сар медиҳад. Агар пул надошта бошад, ёфта биёр аз таги замин ҳам бошад, набошад дело мекунам гуфта таҳдид мекунад. Бечора бачаҳо  аз тарс пули гуфтагиашро ёфта медиҳанд.  Инҳо милиса не, дуздони давлатӣ гӯем дуруст меояд. Духтарҳои бероҳаро барои худ информатор карда гирифтаанд. Он духтарҳои бероҳа ба Эминҷонзода Эркин занг зада, бачаҳои конибодомиро подстава мекунанд. Як рӯз шаҳрванди Федератсияи Русия, ки барои дидорбинии хешу табораш ба Конибодом меояд,  ўро дар роҳ автомашинашро манъ  намуда таҳдид мекунад. Вай шербачаи конибодомӣ  ба Эркин  «агар мард бошӣ формаатро каш як ба як мебароем» гуяд, вай мурғ ба дежурка телефон карда милисаҳоро даъват мекунад.  Ўро бурда хеле таҳдид мекунад. Аммо ягон чи карда наметавонад на протоколу на дело ва маҷбур озод мекунанд.

Боз ҳоло як усули дигари пулканиро кашф кардаанд. Бачаҳое, ки аз мухоҷират меояд, бо нашъа, бангдона, афюн подстава карда истодааст. Дар дискоклуб духтарҳо ба назди бачаҳо рафта ё дар автомашинааш савор шуда афюн ё банги қоғазпечро мепартояд.  Ин корро Султонзода Бахтиёр, ки  началники ОБНОН шаҳри Конибодом аст мекунад. Муҳоҷирони меҳнатие, ки аз Русия пул кор карда меояд, бо дасти ин гургони гушна подстава мешаванд. Бахтиёр бачаҳоро подстава мекунад, агар пул диҳанд сар медиҳад. Як муфаттишбуд Суннат ном дошт. Вай кассаи началник буд, вале вафот кард. Ҳозир бошад кассаи началник Муминов Имом аст. Кличкаи вай дар отдел Имомзода-Ҳаромзода аст. Коргарони ҳалол кам монд дар отдел. Бисёрии онҳоро перевод карданд, ё онҳо аз кор рафтанд. Ин корҳо баъди Пирзода С. сардори ШВКД шахри Конибодом таъин шудан боз авҷ гирифт.

Сардори милисаи Конибодом Пирзода Сафар замини назди почтаи шаҳри Конибодомро ғайриқонунӣ ишғол карда, арчаҳо ва дарахтони мевадиҳандаи онро бурида, ба онҷо магазин-супермаркет месохтааст. Мардум норозигӣ карданд, вале онҳоро тартиби ҷамъиятиро вайрон карди гуфта милисахона бурда латту куб карда баъзешонро чандрӯзӣ  ҳабс кард.

Дар кадом қонун ё қарор навишта шудааст ки заминҳои давлатиро ғайриқонунӣ ишғол карда, дар онҷо супермаркет бисозӣ. Пирзода ба зердастонаш  супориш додаст, ки ба сохтмони  супермаркет ҳиссаи худро гузоранд. Масолеҳи сохтмонро аз стройматериалчиҳо бепул мегирад. Онҳо аз банк қарз гирифта савдо мекунанд. Коргарони милиса рафта ҳуҷҷатҳои магазинро бинем, гуфта ягон камбудиро ёфта, дело мекунем гуфта метарсонанд. Сонӣ  яке аз ин милисаҳо омада таклиф мекунад, ки коратон ҳалшаванда аст. Як тонна семент ба супермаркети началник, диҳед шеф дастгириатон мекунад гуфта бо ҳамин васила ба сохтмони супермаркети началник «ҳиссагузоӣ» мекунанд.

Дар Конибодом сардори милиса  аз хонаҳои навсохти бисёрошёна панҷ квартираро гирифтааст. Акмали Мерос се квартираро ба сардори милиса ҳадя кардаст, чунки  Акмали меросро худи началники милиса кришеват мекунад.

Собиқ сардори милиса Маҳмадзода А. одами баднафс набуд, ин сардор бошад гуруснаи носерам аст, ки ҳамаи ҷойҳои даромаднокро ишғол карда истодааст.  Боғи назди бинои почтаи Конибодомро ҳам вайрон кард. Устоҳоро бепул кор мефармояд, пули онҳоро ҳам намедиҳад ва обеди онҳо ба гардани ошхонаҳо аст, онҳо обедро оварда медиҳанд. Устоҳоро бошад Эркин ва дигар милисаҳо аз ҷои корашон оварда маҷбур мекунанд, ки дар инҷо кор кунанд.

Сардори милисаи Конибодом Пирзода кай аз Конибодом мераваду мардум нафаси озод мекашида бошад? Агар митинг ва ҷамъ шудану эътироз хоҳед мо омодаем ба ин кор. Мо ин номаро навиштем, ки «ИСЛОҲ»  нашр кунад ва мардум донад, ки дар Конибодом  сардори милиса бо чи кор машғул аст. Марҳама комиссия ташкил кунед ва омада санҷед. Мо дигар ҷое барои шикоят кардан надорем ва ягона ҷое метавонем шикоят кунем ин “Ислоҳ” аст ва тавассути он дарди мо ба гуши вазир ва президент мерасад. Мо медонем ӯ бо пораи калон ба ин мақом таъин шудааст вале мо Конибодомиҳо инсонем мехоҳем инсонвор зиндагонӣ кунем.

Сообщение Конибодомиҳо аз сардори ШВКДи худ  ба “Ислоҳ” шикоят карданд появились сначала на ISLOH.net.