Архивы Қазоқистон - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №295
Раҳмонов ва оилаи бештар аз қавми яъҷуҷу ва маъҷуҷи он на фақат дар бади халқ, дар дили тарафдорони худи ӯ ҳам задааст. Номае, ки аз як нафар боевики Фронти халқӣ дар ин шумора мутолиа мекунед, ҳамин масъаларо матраҳ кардааст.

Нафари дигаре аз ҳолу рӯзи яке аз хоҳарони Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии собиқи Қазоқистон навишта ва ба Раҳмонову оилаи ва ҳушдор додааст, ки ин сарнавишт ба сари шумо ҳам омаданист.

Нависандаи нома аз Турсунзода бо онки аз фаъолияти иддае аз мухолифин изҳори норозигӣ мекунад як масъалаи дигарро ҳам аз ин ноҳия манзури хонанда ва бинандаи мо кардааст. Ин чи масъалаест, аз навиштаи вай огоҳ мешавед.

Муаллиф ва метавон гуфт, хабарнигори ғайриштатии мо аз Волгоград ин бор низ баъди мурури сомонаҳои нашрияҳои тоҷикӣ як матлаберо, ки муносиб дидааст бо хонандаи «Ислоҳ» дар миён бигзорад барои чоп омода ва фиристодааст, ки мо низ дар барнома ҷой додем. Ва ҳоло шумораро ба номае аз Кулоб оғоз мекунем:

Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман як нафар аз собиқ ҷанговарони Фронти халқӣ аз Кулоб ҳастам. Ман мехоҳам баъзе фикру андешаҳоямро дар бораи давлатдории Эмомалӣ Раҳмон нависам. Ин гапҳоро чандин вақт аст ки мехостам бигӯям. Вале хиёл мекардам, ки як рӯз не як рӯз ақлаш ба сараш меояду андешаи хизматҳои мо кулобиҳоро, ки вайро ба сари қудрат расонидем, мекунад. Вале накард, ки накард. Мо, кулобиҳо-бобои Сангак,бобои Салмону бачаҳояш, Саидшо Шамолу бародарон Лангариевҳо, Ғаффор Седой. Ёқуб Салим ва даҳҳо нафари дигар қумандонҳо ва ҳазорон ҷанговари кулобӣ будем, ки Раҳмоновро сари кор овардем.

Аммо Эмомалӣ чи кор кард? Ба бачаҳои кулобӣ чи хел ҷавоб дод, ба шаҳри Кулоб чи ҷавоб дод? Ҳозир бачаҳои бобои Сангак ва як домодаш, ки бачаи бобои Салмон мебошад, дар зиндон қарор доранд. Пожизнений гирифтагианд. Ғаффор Седой зиндонии якумра. Ёқуб Салим вақти суиқасд ба Эмомалӣ бо баданаш ҷисми ӯро пинҳон кард, аммо ба вай ҳам раҳм накарду 15 сол шинонд, шишту баромад. Барои чӣ? Вақте мебинӣ, ки инҳо дар зиндон ҳастанду аммо хешу табор ва ҳаммаҳалҳои худаш, бачаҳову духтарҳои худаш дар мансабу кайфу сафоянд, ба мо ҷанговарони Фронти халқӣ, ки садҳо кушта додем, ҳоло ҳиҷ имтиёзу нафақаи дурусте надорем алам мекунад. Мо Раҳмоновро ба сари қудрат овардем, ки фақат барои худаш, барои бачаҳои худаш ва барои Данғара кор кунад?

Данғараро бинед, ки чи хел обод карда истодааст. Дар ҳақиқат ин Эмомалӣ маҳалчии гузаро будааст. Дар вақти 2700 солагии Кулоби бостон он қадар ободиву навигарӣ накард. Кулоберо, ки шаҳри қадимӣ аст ва дар давраи шӯравӣ ҳам маркази вилоят буд дар баробари Данғара ба як ноҳияи музофотӣ табдил кард. Дар Данғара ду донишгоҳи давлатӣ, коллеҷҳо ва даҳҳо иншооти дигарро  аз ҳисоби бюҷет сохт. Аммо ин корро дар вақти ҷашнгирии 2700 солагии Кулоб накарда буд. Ин савол ба Эмомалӣ буд.

Дар солҳои ҷанг дасту пои бобои Сангак ва бобои Салмонро мебусид. Вақте бачаҳои бобои Салмонро зиндон кард, бобои Салмон зора кард, ки қабулаш кунад, вале накард.

Дар вақти ҷашни 2700 солагӣ чанд иншоотеро, ки дар Кулоб сохт бо пули дигар шаҳру ноҳияҳо сохт, на аз пули бюҷет. Ва бо ин кораш ҳам тавре бозӣ кард, ки мардум Кулобро шум бинад, чаро, ки Кулобро аз ҳисоби мардуми дигар ноҳияҳо ҷашн гирифт. Мардум ба хотири Эмомалӣ кулобиҳоро шум мебинад.

Мо, кулобиҳое, ки барои ба қудрат овардани Эмомалӣ ҷангидем сахт пушаймон ҳастем. Афсус, ки ин номардро мо ба сари кор овардем. Беҳад пушаймонем. Умеди онро дорам,ки боз мо ӯро аз қудрат дур мекунем!

Турсунзода

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Аллоҳ ба Шумо ва тамоми кормандони «Ислоҳ» барору тавфиқ насиб гардонад, омин! Нияти хушомаду чоплусӣ ва таблиғро надорам. Монед, чизе, ки дар дилам дорам, бигуям. Медонам ҳадафи шумо хизмат ба мардуму ватан ва барқарории адолат аст, на чизи дигар, на мисли дигар ба ном мухолифине, ки на муборизаи аниқ доранду на ҳаракати дуруст. Зеро, ки нияташон номаълум. Мардум мебинаду дида истодаанд, ки як хелаш амал надорад. Як хелашон дар як моҳ як- ду барнома доранд, ки не маънӣ дорад, не мантиқ. Ба мисли як кассета, ҳама гапҳои пешина, на фикри ҷадид, на маслиҳати ҷадид, чизе дида намешавад. Рӯзе мешавад, ки шумо ба ном мухолиф мегӯед «моям мубориза бурда будем». Не, халқу милат дида истода аст.

Азоби ин миллат, ки аз дасти шайтони Раҳмонов  кашида истодааст, барои мо бас аст. Дигар дурӯғу ҳамдигарсиёҳкунӣ бас аст. Барои мардум шахсони дурӯғгӯ лозим нест. Инсонҳои содиқ дар мубориза ва дар дарки дарди мардум бояд якҷо бошанд.

Медонам,шояд ин навиштаи ман ба шумо хуш наояд. Вале илтимос нашру навор кунед ин номаи манро.
Акнун ба мавӯъи аслӣ мегузарем. Бародар, шумо дар чандин барномаи «Номаҳо…» дар бораи Қурбонов Илҳом кам -кам гуфта будед. Илҳоми қассоб ҷои зисташ ҷамоати Қаратоғ, деҳаи Аҳорун аст. Вай назди мактаби рақами 34 дукони гуштфурушӣ дорад. Дар бораи Илҳом Қурбонов шумо дар барномаи номаҳои № 125 аз 17 майи 2024 дар видео гап зада будед. Худи ман ин Қурбонов Илҳомро хело вақт зери назорат гирифта будам, аммо ҳеҷ чиз нашуд. Ҳамон корҳояшро давом дода истодааст. Кадоме аз Илхом Қурбонов пурсидааст, ки баъд аз видеои «Ислоҳ» чи шуд? Илҳом ба ханда гуфтааст: «чи кор мекарданд, ҳичи, тинҷ, ин корой ман зери назорати Ойла. Ин ҳама доруву маводи мухаддири ин ойла аст ва мо бо вайҳо кор мекунем». Ба гуфти ин Илҳом Қурбонов  тамоми узви оилаи Раҳмонов то домоду духтаронаш, то тифли дар даст доштаашон дар ин кори маводи мухаддир даст доштаанд. Ин Илҳом хело эҳтиёткор аст. Аз руи ин кораш хело соҳиби пулу моли зиёд шуд. Бародари Илҳом Қурбонов Қутбиддин пеш аз руй ин кораш тюрма шуда буд. Боз 25 октябри имсол ба даст афтид.
Бародар ана кору ана аҳвол. Ин Қурбонов Илҳом қассоб аст. Аксари корҳояшро дар Россия иҷро мекунад. Ин беинсоф чандин одамҳоро дар ғам гирифтор кард. Ба номи Аллоҳ қасам ягон кори ин давлати мо аз руи қонун нест. Ақалан як бор ҳам надидам. Ҳама ҷо ноҳаққӣ. Кадом соҳаро набинӣ фасоду ноҳақӣ. Дар ин ватани мо фасоду ришва дар ҷойи аввал аст. Пулро диҳӣ ҳама кори ҳатто ғайриқонуниро мекунӣ. Чизҳое, ки ман медонаму дидам гап занам хеле зиёданд.

Агар ҳамин ҳолат давом диҳад дар муддати кутоҳ миллат ба ҳалокат мерасад. Ноҳақ, руирост ноҳақӣ карда боз зурӣ мекунад. Дузд руирост дуздӣ карда бо таҳдид мекунад. Иштиҳои ин давлат ва мақомот рӯз ба рӯз зиёд шуда зулм руирост шуд. Духтур, ГАИ, милиса, муаллим натарсида ошкоро ришва мепурсанд.  Умуман ҳарос надоранд. Ин чи ҳол аст? Мо фақат як роҳ дорем. Фақат як роҳ ин аст ки Раҳмонов аз қудрат дур шаваду  як фарзанди ҳақиқи Ватан сари қудрат омада ин наҳсие, ки аз ин касофати Раҳмонов монда аст фасоду ришва ноҳақӣ зургуиҳо, ноадолатиҳо аз решааш канда нест кунад. Ва ин  бешараф  20 сол зиндон шавад он вақт ин Ватан ва ин миллат обод мешавад, мисли Хитой. Ришва фасод бе номуси нест шавад.
Барои ин гуна шудан Ватанамон меҳнат ва ҳаракат кардан даркор, бо миллат шудан даркор, миллатро фаҳмидӣ миллат туро мефаҳмад.
Бародар Муҳаммадиқбол. Ба мардуми Турсунзода бирасонед, ки чаро хап ва тарсу шудаанд. Нависанд, сокит набошанд. Гуё инҷо ҳама хуб бошад.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Бовар дорам шумо ҳам аз расонаҳо хондед, ки Анипа (шояд Ҳанифа бошад) Назарбоева, хоҳари Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешинаи Қазоқистон, ки дар вақти президентиаш худро Элбасии тамоми қазоқҳо эълон карда ҳатто ҳайкалашро ҳам гузошта буд аз тарафи суди Алма-ато барои дуздии чандин миллиард тенге гунаҳкор эълон шуд ва ӯро якҷо бо ҳамроҳонаш аз 14 то 16 сол ба зиндон ҳукм карданд. Худи Назарбоевро ҳам аз тамоми рутбаву унвонҳо, аз ҷумла Элбаси маҳрум карда буданд.

Ин хабарро барои чӣ овардам? Барои он овардам, ки Раҳмонов ва духтарону бачаҳо, домодҳову бародарзанҳояш бидонанд, ки онҳоро ин шо Аллоҳ, ин сарнавишт интизор аст. Чунки онҳо ҳам айни ҳамин хоҳару духтарҳову домодҳои Назарбоев ҳам дар мансабҳои калон ҳастанд ва ҳам аз пули давлат ва мардум бисёр дуздӣ карда истодаанд. Ин хоҳари Назарбоев дар як навбат дар сад контейнер бору коло аз Хитой дароварда аммо ягон хел боҷи гумрукӣ напардохтааст. Кореро, ки имрӯз Ҳасани ишкамба, Зоир, Шамсулло, Рустам, Озода, Парвина, Ашраф ва Муҳибу дигару дигараш карда истодаанд.

Анипаи хоҳари Назарбоев ширкатеро бо номи «Group Of The Companies Tda» ташкил карда даст ба ғорати мардуми қазоқ мезад, чуноне, ки Озодаи духтари Раҳмон ҳам бо IRS-аш пули халқро барои убури роҳи Душанбе-Хуҷанд кашида гирифта истодааст.

Вале фарқи Назарбоев аз Раҳмон ин аст ки қавми вай камтар буд ва дар Қазоқистон боз соҳибкорону тоҷирон метавонистанд фаъолият баранд. Раҳмонову олу авлодаш бошанд ҳам тиҷорат ва ҳам пулҳои соҳибкоронро рӯирост тасарруф ва ғорат карда истодаанд ва бо ду дасту даҳ ангуштон дороиҳои мардум ва миллатро ғасбу тасарруф карда истодаанд.

Ман умед ва бовар дорам, ки ҳар ончи ки имрӯз ба сари хонаводаи Назарбоев омадааст, ба сари оилаи Раҳмонов ҳам меояд ва мардум аз дасти ин дуздҳо моликияти худро пас мегирад ва инҳо дар кунҷи зиндон хоҳанд рафт.

Илтимос, бародар, ман ба шумо бори аввал менависам. Ин навиштаи маро чоп кунед.

Ба шумо барори кор мехоҳаму ба Раҳмонову оилаи дуздаш шикасту нобудӣ ва кунҷи зиндон.

Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ба шумо ташаккур ва хеле ҳам миннатдорам, ки навиштаҳои маро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо», ки мо муҳоҷирону мусофирону ғарибони дур аз Ватан ҳар шумораашро бесаброна мунтазир мешавем ва тавассути он  аз вазъу ҳоли ватанамон огоҳ мешавем, ҷой медиҳед. Ин бор ҳам ман як матлаберо аз сайти газетаи СССР барои хонандаҳои «Ислоҳ» пешкаш мекунам, ки дар гӯшаи  Сардабир чоп шудааст. Ин навишта ба ман писанд омад. Ҳоло аввал онро яклухт пешниҳод мекунам ва сипас дар борааш фикрҳоямро мегуям. Ин навишта дар таърихи 31 октябр чоп шудааст ва чунин унвон дорад:

«Тақ-тақу тап-тапу лақ-лақу тик-ток ва журналистика»…

31.10.2025

Ман хеле мутаассифам, ки дар давроне ахиран қарор дорам, ки журналистика мефавтад. Дақиқтараш онро, журналистикаи профессиоанлиро мекушанд. Агар накуштаанд!!!

Агар аҳамият додаӣ, хонанда, дар Тоҷикистони азиз, маҳз кишвари мо, дигар ба сайру тамошову сафару командировкаҳои расмӣ, масъулин тик-токерҳоро мебаранду блогеронро меоранд. Зидд нестам. Раванд. Оянд. Вале пурсида мешавад, аз масъулин, ки дар кадом кишваре дидаву шунавидаед, ки зимоми таблиғу ташвиқи ватану ватандориро ба тик-токеру блогерони, маъзарат, вале дар аксари маворид, бесавод бовар кунанд?

Дар олам ҳастанд блогероне, ки воқеан ҳам муаррифигари давлату миллати хешанд. Вале аксарияти ишон аз «остинчаи журналистика» гузаштаанд. Блогерону тик-токерони мо фазосоз нестанд. Рӯиҳамрафта, аксарият, шояд 95% бештар хатти саводи оддии кофии навишту талаффузи 1 ҷумлаи саҳеҳ надоранд. Усулан зидд нестам, ки онҳо фаъол бошанд. Бошанд! Вале маро чизи дигар ба ташвиш овардаааст, ки масъулин замони ахир тик-токпарасту блогермуҳаббат шудан доранд.

Худое накарда, имрӯз сари давлати мо боди тунди хатаре вазад (сари дилхоҳ давлат он мевазад!), кӣ бояд аз манофеи давлатии мо ҳифз кунад? Оё мо дорем, журналисте дар пояи Владимир Соловёв, Брилёв, Познер, Дмитрий Гордон, Таккер Карлсон? Инҳо имрӯз мунодиву муаррифгар ва муҳофизи фазои иттилоотии кишварҳои хешанд.

Дур намеравем, 1 Павел Зарубини рус, бо 1 телефон ва асои селфисоз-худнаворгир, аз Тоҷикистон, барномаҳое аз сафари Путин В.В. таҳия кард, ки тамомии олами журанлистикаи мо, дар дохили кишвари худамон, натавонист кардан! Ҳол он ки мо дар Тоҷикистон, шукри Худо, техникаву технологияи пешрафтатар аз русу англису амрикоӣ ҳам дорем. Аммо кадр надорем! Кадрро кӣ, кто, ким месозад? Суол риторикист.

Ва аммо аз ҳама бештар дар журналистикаи байналхалқӣ англисҳо пешсафанд. Дар феҳристи номдортарин журналистони олам (бовар кунед, ҳаст ин рӯйхат), усулан англисҳо меистанд:

Роберт Фиск (Англия), Кейт Ади (Англия) ва Кристиан Амонпур (Англия). 2-тои ахир бонувонанд. Кейт агар Ордени Импературии Британияро соҳиб шуда бошад, пас Амонпури эронтабор, ки бо 2 забон англисиву форсӣ матлаб таҳия мекунад, ягона нафаре шуд, ки бо ӯ Ҳуснӣ Мубораки мисрӣ ва Муаммар Қаззофии лубнонӣ, дар даврони табаддулоти «Баҳори Араб» суҳбат оростанд. Баъдан ин 2 танро мардуми зерфишори тик-току блогу саҳафоти иҷтимоии Фейсбук қарор дошта, сарнагун сохтанд. Яке зиндонӣ ва дигариро таҷовуз кардаву куштанд. Имрӯз ин миллатҳо аз карда пушаймонанд. Вале дигар ба кӣ мегӯй?

Сабаби ун бадбахтиҳо низ ин ҳам буд, ки дар ун кишварҳо афроде набуд, ки идеология бар шонаҳои онҳо такя занад. Ба шабакаҳои иҷтимоӣ бовар мекарданд…

Баъдан феҳристи рӯзноманигорони беҳтарини оламро амрикоиҳо ҳамел шудаанд:

Роберт Апшур «Боб» Вудворд (ИМА), Андерсон Купер (ИМА), Ширин Бхан (Ҳиндустон) ва Гленн Гринвалд (ИМА).

Дар миён танҳо 1 намояндаи осиёист. Бону Ширин (оре, зан аст), беҳтарин гузоришгари ватани хеш аст ва 1 нюанси аҷиб он ҳам ҳаст, ки аксарияти инҳо бо англисӣ барнома омода мекунанд. Забони байнулмилалӣ.

Акнун суоле ба миён меояд, ки дар тули 34 соли истиқлолияти давлатӣ, ки хеле ва воқеӣ дар ҳама соҳот пешравӣ кардем, мо чанд журналисти англисзабон тарбият кардаем? Ягон-то!

Онҳое, ки ахборро дар тарҷума мехонанд, журналист нестанд. Журналист БОЯД худаш барнома таҳия кунад, фазосоз бошад ва ахбори ҷаҳонро аз призмаи хеш баҳогузорӣ намояд.

Мо на блогери англисзабон дорему на тик-токеру на «фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ», ки бо англисӣ чӣ, ки ҳатто русӣ ва фаронсавию хитоӣ барнома таҳия намояд.

Дар бораи блогерони маъруфи таблиғгари мавзеъи дидании ватани хешу барномарезони соҳаи туризм низ бубояд гуфт. Аксарияти ишон журналистони хубеанд, ки ба блогер тағйири касб кардаанд. Фарзи мисол дар кишварҳои пасошуравӣ блогер-сайёҳони укроинӣ маъруфанд, ба мисли Антон Птушкин (сафарнома), Дмитрий Комаров (сафарномаи ҳуҷҷатӣ). Блогерони русу укроинӣ имрӯз ба таърих бештар таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, ки талаби замон аст. Ҳамзамон, дӯсти питерии ман, шарикдарсам, ки дар 1 гурӯҳ мехондем, Игор Семиков дар барномаи интернетии Машнюс ё худ MASHNEWS. Новости промышленности. НОВИНКИ ВООРУЖЕНИЯ.

Барномаҳои профессионалии ҳарбие таҳия мекунад, ки ба гуфти бобои Ғулом «ови даҳонат мерава!». Медонед сабаб чист? Инҳо ҳама аз «остинчаи журналистикаи профессионалӣ» бархостаанд.

Чӣ магар русу укроиниву англису амрикоиву ҳиндӣ тик-токеру блогери сакалту надоранд? Миллион – миллион!!! Ва аммо чун манофеи милливу давлатӣ пеш омад, такя бар хирад, касбият, дониш ва…солдидаҳо мезананд.

Шояд оқилаке пайдо шаваду гӯяд, мо чунин журналист надорем. Правильно! Надорем. Зеро таваллуд накардем, тарбият накардем, омода насохтем. Ягон нафар аз батни модар журналист таваллуд намешавад. Ба надоштан ку надорем, вале бо ҷорӯби «ҷавонсозии журналистика» саф-саф рӯзноманигорони касбии солдидаро ба пенсия руфта партофтем. Мактаби устод-шогирдро барҳам рехтем. Журналистикаи тоҷик думбурида шуд, ба таъбири арабони бодияшин, ки пасон дар Қуръон низ сабт ёфт «ҳувал абтар»-уштури думбуррида гардид, яъне наслзо нест дигар ин касб!

Ҳамин аст, ки имрӯз низ, ба нохост ягон матлаби хубу хондании профессионалие нашр шавад, муаллифаш ё Абдуллои Раҳнамост, ё Шарифи Ҳамдампур, ё Саъдии Маҳдист, ё Раҷаби Мирзо, ё Хуршеди Атовулло, ё Ҳуриннисо Ализода, ё Марям Давлатова…ё ягон собиқадори дигари матбуот.

Муҳимтару аҷибтар кор дар ин моҷаро он аст, ки ҷои ақаллан додан ба ҳамин будаҳо имконияти тарбияти шогирду соҳибмактабӣ, мо бархе аз ишонро маҳдудтар мекунем, даҳонашонро мебандем, газетаашонро мебандем, баъзеро зиндонӣ мекунем, баъзеро ба расонаҳои электронии расмӣ роҳ намедиҳем. Бо ин ҳама ишон боз ҳам дар соати сахт пушти манофеи миллат қомат алам мекунанд. Шахсан ман намедонам, мо журналистикаро куҷо бурданиему бо он чӣ кор карданием…

Ҷавонон имрӯз аз маҳдудаи 1 дақиқа навори Риилс (Reels), 30 сония тик-току 2 дақиқа блог убур карда наметавонанд. Андешаи ояндаи миллат маҳдуд шудааст, дар ана ҳамин 0,5-1-2 дақиқа. Фикр, ки маҳдуд шуд, ҷаҳонбинӣ низ коҳиш меёбад. Гунаҳи ишон нест. Ҷурм аз мост, ки натавонистем, барои ояндаи рахшони журналистикаи тоҷик кадр, шогирд, пасованди хешро тарбият ва ба ҷамъият туҳфа кунем.

Дунё пеш меравад, пир ҷавон намешавад. Мо низ кадом рӯзе меравем ва бо устодони хеш мепайвандем. Ва суоле моро азият медиҳад, ки журналистикаи Тоҷик дар оянда аз марзи тик-току блог унсутар убур мекунад ва ё на?

Шояд соати саъде даррасидааст, ки баъд аз қонун дар бораи «Мақоми омӯзгор» ҳукумат қарору қонуне қабул намояду аз қишри осебпазиртарини ҷомеа-журналистикаи профессоиналӣ  ҳифз кунад?  Бовар кунед, моро низ бисёр ғам медиҳанд…Суол албатта риторикист. Мо Метавонем!»

Бародар Муҳммадиқбол! Ин буд он матлаби СССР, ки дар таҳти рубрикаи «Сардабир» ба нашр расидааст.

Ман чи гуфтаниам? Муаллиф дар ин мақола ба таври пӯшида вале хеле ҳам бо дард аз даъвати блогерҳои хориҷӣ масалан Асҳаб Тамаев ва пештар Гусейн Гусейнов, бидуни онки зикри ном кунад, интиқод намуда ин корро муносиби мардум ва давлати тоҷикон намеҳисобад ва ба назари ман ҳам ин интиқодаш дуруст аст. Масъулин ва мақомот бояд такя ба журналистону блогерҳои ватанӣ, яъне тоҷикон кунанд.

Ва, дигар масъала, ки бардоштааст ин манъу қатъи фаъолияти бархе аз нашрияҳову расонаҳо аст ки дар Тоҷикистон то ҳол идома дорад. Ин кор бар зарари Тоҷикистон ва мардуми Тоҷикистон аст. Давлат набояд ин гуна муносибат бо матбуот кунад.

Аммо, ман ба чанде аз фикрҳои муаллифи ин мақола мувофиқ нестам. Масалан аз онки мегӯяд давлат ба журналистон кумак кунад. Назари ман ин аст ки давлат кумак накунад, давлат халал нарасонад, давлат фишор наоварад, давлат нашрияҳоро набандад, худи матбуот ва журналистон ҳам роҳи худ, ҳам ҷойи худ ва ҳам нони худро меёбанд.

Аммо инки давлату ҳукумати мо як низом ва режими баставу диктаториро барпо кардааст, табиист, ки наметавонад пуштибонии ҷомеаи журналистони асилро касб кунад.

Ин буд фикрҳои ман нисбати ин навишта.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №295 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№294
Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» дар воқеъ ба майдончаи мубодилаи афкор, воқифшавӣ, огоҳсозӣ аз ҳолу ҳавои ҳамватанонамон дар дохил ва хориҷ  кишвар шудааст

Тавассути номаи чопшуда аз кору амали ҳамдигар бохабар мешавем. Дар шумораи пешина гурӯҳи ҳамватанони муҳоҷирамон дар Қазоқистон аз муносибати бади мақомоту корфармо ва душвории дарёфти асноди иқомат ва гаронии баҳо он дар муқоиса ба Русия шикоят карда буданд. Аммо дар ин шумора як ҳамватани муҳоҷири мо тамоман бар муқобили ин нома навишта ва аз бархӯрди табибони қазоқ изҳори сипос ва миннатдорӣ кардааст. Ин навиштаро дар ҷойи аввали ин шумора қарор додем.

Як бародар аз шаҳри Кулоб аз рафтори номуносиби як корманди ГАИ дар замони сардори милиса будани генерал-майёр Фотеҳ Қунғуротзода навиштааст. Беҳтар аст ин номаро худ мутолиа кунед.

Номаи дигари мо аз ноҳияи куҳистонии Нуробод аст, ки ин бор низ муаллиф аз бузҳои охирзамони инҷо суҳбат ва номҳояшонро тазаккур кардааст.

Муаллифи нома аз Истаравша аз раиси як ҷамоате интиқод кардааст, ки ҳудуди бист сол мешавад дар ин вазифа истодааст, Ин нафар кист ва падари ӯ кӣ будро аз ин нома хоҳед фаҳмид.

Сокини ноҳияи Спитамен аз сардори шӯъбаи шиносномадиҳии милисаи ноҳия ва мавридҳои порхӯрии он ва инки дар ин кор бо вай киҳо  ҳамдастанд, навиштааст.

Алма-Ато

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Сабаби навиштани ин нома номаи  як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик  аз Қазоқистон, ки ба шумо навишта ва аз вазъи кору бор ва корфармоёнашон шикоят намудаанд. Ва ин нома дар барномаи пешинаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» чоп шудааст.

Дар Қазоқистон бемор шуда ба «областной балниса» рафтем. Бовар кунед, накунед, ихтиёратон, ҳатто беҳуҷҷат қабуламон карданд. Ному фамилияамонро пурсиданду навиштанд ва сразу қабул карда ба муоина сар карданд. Рентген карданду хун гирфтанд, МРТ- томография карданд. Се рӯз серуз хоб кардам. Ҳар рӯз тафтиши беморӣ мегузарониданд, таблетка медоданд. Боз гуфтанд, ки ҳашт рӯз бепул табобат мекунанд. Гуфтем, кор бояд кунем ва рафтем.

Аммо дар ватани худамон як рентгени томографи 400 сомонӣ аст, ба ҷуз аз пули койкаву дору.

Ман гуфтаниам, ки ман ҳам муҳоҷирам вале дар Қазоқистон дар ҳақи  ман чунин муомила ва муносибати хуб карданд. Ин корҳо, ки бо ман карданд, дар ватани худамон на камтар аз се ҳазор сомонӣ мешуд.

Шояд на дар ҳамаҷои Қазоқистон ва на бо ҳамаи муҳоҷирон чунин муносибат мекунанд, аммо ман ончиро, ки аз сри худам гузашт, навиштам. Боқӣ дар амони Аллоҳ бошед!

Кулоб

Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқбол! Ман як шаҳрванди Тоҷикистон, аз Кулоб ҳастам. Ман, росташ бори аввал аст ки ба шумо нома мефиристам. Хоҳишам ин аст ки ин номаи маро нашр кунед. Мехоҳам аз як  ҷинояти генерал Фотеҳ  Қунғуротзода, сардори собиқи ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бигӯям. Ин ҳодиса бо худи ман руй дода буд.

Ман дар хонаам сохтумон доштам, ки вақти обед шуд. Ман аз нол хонаро шурӯъ кардам. Ҳар вақти обед ба хонаи падарам рафта хурок мехӯрдем. Хулоса,в ақти обед шуд, ман бо устоям ба мошин савор шудем. Хостам аз бозори назди Умед -88 ки бо номи деҳқонбозори Бозорбой машҳур аст рафтем ба мошин ва дар якум паласа истодам, ки дар стоянка ҳама ҷо пур ва ҷой барои мошинмонӣ набуд. Ҳар касе аз худи Кулоб бошад медонад, онҷо чи хел ҷой аст. Хулоса, дар якум паласа истодам ва «додарма равон кадам, гуфтам рафта нони гарм бгиру зуд биё». Мо бо усто дар даруни мошин шиштем. Як дақиқа нагузашта буд, ки ГАИ омад ҳуҷҷат пурсид. Ман гуфтам ака барои чи ҳуҷҷат мепурсӣ? Дағалона гуфт, ки мошинат дар дуюм паласа аст. Дар ҳақиқат ман дар байни якуму дуюм паласа истода будам. Чунки мо саросема будем. Хостем нони гарм бигирему зуд баргардем ба хона. Ман гуфтам, ака нав як дақиқа нашудааст истодани моро. Гуфтам, ки командир ҳуҷҷатҳоям ҳама сад фоиз аст. Дар ҳақиқат ҳамин хел ҳам буд. Вале ман медонистам, ки агар ин гаишник ҳуҷҷатҳои маро бигирад, ҳатман протокол мекунад ё ки аз ман пул меситонад. Ман рад кардам ва гуфтам командир хоҳиш мекунам, ҳозир меравам. Тарафи ман бо ту ҳуҷҷат пешниҳод намекунӣ гуфта рафта номерҳои мошинамро канда гирифт. Он вақт ман ганда мазаам набуд, чун вақти коронавирус буд, температураам хеле баланд буд. Аз мошин фаромадам ба пешаш рафтаму гуфтам ту чи ҳақ дорӣ, ки номерҳои мошини маро меканӣ? Боз ҳам дағалонатару дуршттар гуфт, ки «ҳозир мебарам мошинта махкам мекунам». Дигар ман сабрам лабрез шуд. Азбаски хеле таб доштам хостам аз дасташ номерҳои мошинамро гирам ва даст дароз кардаму номемрҳоямро  аз дасташ кашида гирифта истода будам, ки дар ҳамин ҳолат Қунғуротзода аз дур миояду дод зада мегуяд, ки «инро гиред ба кабинети мара ба одела биёрен». Ман бошам дар ҷавоб ба вай гуфтам «ака охи ман ягон ҷиноят накардам». Азбаски одами зиёд ҷамъ шуда буд, дигар аз мошинаш нафаромада «биёренш» гуфту рафт. Ин корманди ГАИ, ки номерҳои маро канда номаш Зоҳир ё Тоҳир як марди 40-45 сола ба назар меомад. Гуфтам, биё як мардӣ куну номерҳои маро бидеҳ, ман равам мазаам нест. Гуфт, ки не, акнун дер шуд, ман наметавонам ин корро кардан, чунки ин фармони началник аст. Ман гуфтам хуб, чи кор мекунем? Гуфт «рав мошинта гир ба пеши мара биё, мерем одел пеши началник». Ман бошам гуфтам ҳозир ман ба падарам занг зада хабар диҳам ҳодисаро, чунки мошин ба номи падарам буд. Ман бо доверенност ҳай мекардам. Ба падарам занг задам ва ҳодисаро нақл кардам. Гуфтам ҳамин хел ҳодиса шуд. Падарам бошад гуфт ҳай куну биё, ман бо шумо меравам, ҳал мекунем. Ман ба корманди ГАИ гуфтам «саворша рафтем, ман падарамро гирифта бад ба у одел меравем».

Дар аввал як каме норозигӣ карду гуфт «хай майлаш рафтем ва рафтем». Ман устоямро бо додарам аз мошин фаровардаму падарамро гирифтаму рафтем. Ба роҳ баромадем. Падарам бо лаҳҷаву забони хуб ба ГАИ гап зад. Падарам гуфт, ки «додар хай ин бачай ма як ёшӣ кардай ҳичи гап не, ягон ҷинояти вазмин накардай». Дар ҷавоб гаишник гуфт ака ҳоло дер шудаст, аз дасти ман  ҳеҷ коре намеояд. Ин фармони ана ҳамин Қунғуротзода аст. Мошинатро ҳай кун, мо бояд барем бачатро ба милисахона. Падарам ба як дӯсташ, ки генерали калон мебошад занг зада воқеаро нақл мекунад. Генерал ба падарам мегӯяд, ки гуширо ба ҳамон ГАИ бидеҳ. ГАИ гӯширо гирифта бо генерал гап мезанад. Генерал чизеаш мегуяд, ки ГАИ дар ҷавоб есть рафиқ сардор, есть рафиқ генерал гуфтан мегирад. Баъд   телефонро падарам гирифта ба генерал сипосу раҳмат мегӯяд. Аммо баъдаш ГАИ   боз мегуяд «акаҷон, илтимос, агар ҳозир мо наравем ба пеши началник-яъне Қунғуротзода ман гап мешунавам. Маро ҳақоратҳои безеб мекунад. Падарам мегуяд майлаш, меравем ба отдел. Хулоса, рафтем ба отдел даромадем. Падарам пешакӣ бо ин рафиқи дар боло гуфтаам –генерал- ҳодисаро нақл карда буд. Даромадем ба пешашу саломалейк кардем. Ба ман бо як чеҳраи дурушт нигоҳ карда гапҳои пасту баланд гуфт. Ман гуфтам «ака охир ман ягон ҷиноят содир накардам, ба мошин ягон одам назадам, авария накардам, барои чи ба ман гапҳои пасту баланд мезанед, маро даже гап задан намемонад, ки гап занам, гуё,ки ман ягон қотилам ё одам куштам».

Ба ман гуфт: «гуш кун мара, ман ба он хотир ба Кулоб корда омадам, сабабаш инами хели твори бқоша геройёша шикастани омадам. Гуфт мара Ҷаноби олӣ барои ана ҳами ту вориҳоро дар Кулоб шикастан иҷада монд». (Бародар шумо хуб медонед, ки баъдтар ин Қунғуротзодаро Президент барои камбудиҳои ҷиддиаш аз милисаи Кулоб сур кард. Вазири дохилӣ ҳам он вақт гуфт, ки Қунғуротзода дигар дар системаи МВД кор намекунад. Вале боз чи балое карданду ӯро ҷонишини Раёсати дохила дар ВМКБ таъин карданд)

Ман як лаҳза тамоми баданам ҷушид. Мехостам ба вай ягон гапи сахт занам. Падарам ба ман ба ишора кард. Яъне ман гап нагардонам. Дар охир гуфт «хотири наму ҷурам генерал, агане 15 сутка махкамат мекунам».

Устод Муҳаммадиқбол, айнан ин ҳодисаро, ки аз сари ман гузашт, ба шумо ҳикоят кардам. Аммо ман дар охир чи гуфтаниам? Инҳо худ ҷинояткоранд, хоинанд. Мо-мардуми Кулобро -чашми дидан надоранд. Рӯирост таҳдид доранд.

Эй, Аллоҳи пок! Аз чанголи ин золимон миллати мазлуми ранҷкашидаи моро наҷот деҳ. Аллоҳума омин!  Бародар, Худо нигаҳдоратон. Номи ман бигзор махфӣ бимонад.

Нуробод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Умедворам хубу хуш бошед. Ин дуввумин номаи ман аст. Ваъда карда будам, ки номҳои бузҳои дигарро ҳам тавассути Ислоҳ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ошкор мекунам. Яке аз онҳо Саидов Маҳмасолиҳ аст ки тамоми ҷавононро силбамарг кардааст. Дукарата ҳоҷӣ аст. Барои риш ҷавонҳоро меқапад, мегӯяд, ки дуҳазор надиҳӣ худи ҳозир ба амният мерасонам. Ин корро ҳамроҳи бачааш, ки Мулло ном дорад, мекунад.

Бузи дигарӣ Маҳмадхоҷаев Некруз аст. Ин шахс медбрат буд. Ҳоло ҷойнишини главврач мондаанд. Ин дар дохили бемористон бо духтарони мардум зино мекунад.

Вале ягон мақомот чора намебинад. Главврач амакаш аст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ асосан данийро аз ҳамин мегиранд. То шикори кабкро бурда мерасонад. Ҷавонҳои сини даъватро,ки дар Русияанд номҳояшонро хабар медиҳад. Аз дасти ин буз мардум ба фиғон омадаанд.

Як бузи пешипеш ин МаҳмадхоҷаевТалабшо аст. Ин шахс дар мактаб муаллим буд. Як талабаро таҷовуз кард. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чор сар говашро гирифта озодаш карданд.

Дар Нуробод қонун нест. Порахӯрӣ дар авҷи аъло расидааст. Ин номард ба болои ин корҳо тағои худаш Маҳмадхоҷаев Саъдиро салфӣ гуфта подставит кард 6 сол зиндонаш карданд.

Саидов Эмомалӣ 60 сар гови мардумро дуздида бурда ҳамроҳ бо мақомоти ноҳияи Нуробод фурухт. Вақте мардуми камбағал ба суд доданаш, ин судҳо, ки пора хӯрдагӣ буданд, ягон чораҷӯӣ накарданд. Ин шахс ҳам буз ва ҳам дузд аст. Ҳамин шахс директори мактаби рақами 37- деҳаи Фаркак аст

Раҷабов Сайдалӣ, як бузи дигари бешох аст. Вай дар масҷид кадом мулло амри маъруф кунад ба мақомот мерасонад. Ин шахсҳо аз Офтобрӯ, даруни Самсолиқанд.

Дар деҳаи Кабутиён яке аз бузҳо Миров Кароматулло, ки ин шахс таксист мебошад. Кадом ҷавон дар бораи худову Расул гап занад запс мекунад ва бурда ба мақомот мерасонад,- шестёрка аст. Дар ягон пост ӯро қарор ва ғам намедиҳанд. Нештатний удостворений дорад: «ҳамура нишон метия далши мерава».

Азизов Қурбоналӣ устоди варзиш аст, арақхури худозада, бузи зараррасон. Ба занҳои шавҳардор дастдарозӣ мекунад ва ҷавонҳоро ба арақхӯриву ба бангзанӣ даъват ва ташвиқ мекунад. Мегӯяд, ки фармон аз боло аст. Дар шаҳраки Дарбанд дискотека ҳуй кардаанд. Фақат кораш даъват ба дискотека аст. Худо хору залилаш кунад.

Ба Маҷидов Муродалӣ ҳам мақомот удостоворений додагианд. Ин буз шабҳо кор мебарад. Касе ё касоеро, ки то соати 11 шаб дар масҷид бишинанд, махсусан ҷавонҳоро пинҳонӣ ва номаълум сурат гирифта ба амният мепартояд, тамоми кори дохили масҷидро нуқтабануқта хабар мекашад. Ман бовр дорам,ки вайро ранги рифола истифодааш мебаранду як рӯз мепартоянд.

Истаравшан

Ассалому алейкум бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман  сокини шаҳри Истаравшан, аз деҳаи Қалъачаи Калон мебошам. Ман дар бораи раиси ҷамоат Ҷамшед Ҳасанов каме ҳарф заданиам.

Ин Ҷамшед Ҳасанов солҳои 1994 -1996 дар ҳамин ҷамоати ҳозира раиси совхоз буд. Соли 1996 дар шаҳри Уротеппа митинг –тазоҳурот сар зад. Падари Ҷамшед Ҳасанов Салоҳиддин Ҳасанов он солҳо ҳокими шаҳри Уротеппа буд.

Дар ин митинг хонаи Салоҳиддин Ҳасанов, биноҳои прокуратура, ОВД ва ҳокимияти шаҳр оташ зада шуданд. Баъд аз он дар деҳаи Қалъачаи Калон митинг карда Ҷамшед Ҳасановро аз раисии совхоз холӣ карданд. Дар совхози Истаравшан, деҳаи Нофароҷ Муҳаммадиев Ҳомид Полвон ном шахс раиси совхоз буд.

Бародар Муҳаммадиқбол ман солашро фаромуш кардам. Ё соли 1999 ё 2000 буд, ки маъракаи интихоботи шаҳриву вилоятиву ҷумҳуривӣ ҷараён дошт. Дар интихоботи шаҳрӣ аз округи Қалъачаи Калон Муҳаммадиев Ҳомид Полвон интихоб шуд. Дар ин интихобот Ҷамшед Ҳасанов шикаст хурд. Аммо дере нагузашта Ҷамшед Ҳасановро раиси совхози Истаравшан деҳаи Нофароҷ ба ҷои Муҳаммадиев Ҳомид Полвон таъин карданд. Чунки падари Ҷамшед Ҳасанов Салоҳиддин Ҳасанов он вақтҳо зинда буд. Ин Ҷамшед Ҳасанов дар ин вазифа 5-6 сол кор карда совхози Истаравшанро ба як ҳоли зоре овард. Баъд аз он  боз ба деҳаи Қалъачаи Калон баргашт ва дар деха раиси чамоат таин  гашт то холо кариб 17-18 сол мешавад ки раиси чамоат мебошад, дар ин 17-18 сари Сол на як ободкори на як пешрави бар акс богчаи бачагонро ба қудояш Улфати Босс  фурӯхт. Дар қафои ҷамоат  замини ҷамоатро ограждения карда 7 сотихро монд.

Роҳи универмаги пешини Гули сурх  ва осоишгоҳ 20 сол шуд асфальтро надидааст вале касбу кор аз мардум сум ҷамъ кардан аст.

Ин Ҷамшед Ҳасанов ҳамин хел номард аст ки Мирбайзо, писари дӯсти ҷониаш бо номи Мирҳаёти токарро ба амниятиҳо фурӯхт. Амниятиҳо барои ришаш  қапида отдел бурдан. 100% ин кори Ҷамшед Ҳасанов мебошад. Мирбайзоро аз отдел тағояш Ҷумъаев Карим, собиқ коркуни ГАИ -майори милиса баровард.

Ман ба Ҷамшед Ҳасанов гуфтаниям: «эй Ҷамшед ин курсӣ аз падарат мондаги нест,ҷойро холӣ кун,дафъ шав! Мо мардуми ҷамоат аз ту безорем!»

Бародар Муҳаммадиқбол! Ҳар сол дар моҳи январ ин Пасво раисони шаҳру ноҳияҳоро иваз мекунад вале чаро ин раиси ҷамоатро иваз намекунад.

Бародар Муҳаммадиқбол дар шумораҳои оянда бисёр гуфтаниҳое дар бораи Ҷамшед Ҳасанов ва падараш Салоҳиддин Ҳасанов, ки хоҳам навишт.

Мо дуъогӯи шумо ҳастем бародар!

Спитамен(Нов)

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ, бародар Муҳаммадиқбол. Ман шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ноҳияи Спитамен ҳастам ва ба миллати ӯзбек мансубам. Ба ҳамин хотир номаамро ба забони ӯзбекӣ роҳӣ мекунам. Шумо онро бо тарҷума, умедворам, ки нашр мекунед. Маълум аст ки ном ва насаби худро ифшо карда наметавонам, барои ин узр мехоҳам.

Ман ба забони тоҷикӣ пурра суҳбат мекунам, аз хонанда ва бинандаҳои доимии «Ислоҳ» ҳастам, тамоми наворҳо ва маводҳои “Ислоҳ”-ро пайгирӣ мекунам ва аз Худованди мутаол барои Шумо дар ин рӯзҳои охир, ки бо шуҷоати қаҳрамонона мубориза мебаред, кӯмаку пирӯзӣ мехоҳам. Мо, мардуми зери зулм қароргирифт ва ситамдидаи Тоҷикистон, ҳамеша аз Худо талаб мекунем, ки аз зулми ин оилаи диктатор мо­ро наҷот диҳад. Омин.

Замон замони мост, даврон даврони мост.

Дастамон қудрати осмон дорад, имкони замин аз мост.

Ин ду мисраъро аз суруди як овозхони ӯзбек иқтибос овардам, зеро ин шиор, ба назар мерасад, шиори сардори шуъбаи мизи шиносномадиҳӣ-паспортний столи шӯъбаи дохилии ноҳияи Спитамен Ғолиб Саидзода шудааст. Аз вақте ки ин Ғолиб Саидзода ба ин вазифа ба кор омад, ин идораро ба як корхонаи хусусӣ ва манбаи даромади муфт табдил дод. Ман худам шоҳиди он шудам, ки чӣ гуна ӯ идораи давлати­ро ба як корхонаи пулситонӣ табдил додааст. Сараввал ӯ ду ҷияни худро, ки дар рӯйхати коргарони расмӣ нестанд, ба ин идора оварду ба кор монд. Ва ҳозир бо воситаи ҳамин ду нафар, мардумро ғорат карда истодааст. Ба назар мерасад, ки давру даврон ба коми онҳо ва осмон ва замин наъузубиллоҳ дар дасти онҳост.

Ин ду ҷияни «мошенник» аз ҳар як шаҳрванд барои гирифтани ҳуҷҷат маблағҳои калон талаб мекунанд. Масалан:

барои гирифтани шиносномаи дохилӣ (пластикӣ) аз 800 то 1000 сомонӣ талаб мекунанд; барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ (загранпаспорт) аз 1600 сомонӣ боло пул талаб мекунад.

Онҳо мегӯянд: «Агар ин маблағро диҳӣ, мо ҳамаашро худамон ҳал мекунем, ба бонк намеравӣ.» Ва агар касе напардозад, ҳуҷҷатҳояшро қабул намекунанд ва тамоми рӯз ӯро мунтазир нигоҳ медоранд. Ҷолиб он аст ки онҳо ҳатто аз камераҳои назоратӣ наметарсанд: дар вақти кор аз мардум пул гирифта, онро бо дасти худ ба ҷайб мегузоранд.

Оё ин амал бо ягон қонуни давлат мувофиқат дорад? Куҷоанд мақомоти прокуратура, кормандони мубориза бо фасод? Шахс ҳайрон мемонад, ки чӣ гуна идораҳои давлатӣ ба бозори фасод табдил ёфтаанд.

Ман як рӯз барои гирифтани справкаи изи ангушт ба ҳамин шӯъба рафтам. Онҳо гуфтанд, ки 20 сомонӣ бояд тавассути карта пардохт кунам. Ман аз карта пул додам, онҳо гирифтанд ва справкаро доданд.

Аммо вақте хостам берун равам, гуфтанд: «Ту боз 20 сомонӣ нақд медиҳӣ.» Ман гуфтам: «Ман аллакай тавассути карта додам.» Онҳо гуфтанд: «Он маблағ ба давлат рафт, ин бошад ҳаққи шахсии мост.» Ман ҳайрон мондам: чӣ гуна имкон дорад, ки корманди давлатӣ, ки маош мегирад, боз аз мардум «ҳаққи шахсӣ» талаб кунад?

Ман боз шоҳиди дигар ҳолат шудам. Барои ба қайд мондани шиносномаҳо (прописка) шаҳрвандон маҷбуранд пул диҳанд. Ҳол он ки ин бояд бепул бошад. Ман вақте хостам аъзои оилаамро дар хонаи худ ба қайд гузорам, онҳо аз ман 360 сомонӣ талаб карданд. Ман гуфтам: «Ин хонаи худи ман аст, хориҷӣ нестем.»  Онҳо гуфтанд: «Фаҳмидем, вале барои ҳамин ҳам 360 сомонӣ мешавад.» Агар шаҳрванд хориҷӣ мебуд, фаҳмо буд, ки боҷ пардохта мешавад, вале ин ҷо ҳатто шаҳрвандони Тоҷикистонро маҷбур мекунанд, ки пул диҳанд. Дар ҳақиқат «замон ба дасти онҳо гузаштааст.»

Ман боз як ҳолати дигарро дидам. Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро низ дошт, барои гирифтани шиносномаи тоҷикӣ барои фарзандаш омада буд. Онҳоро хеле саргардон карданд. Он «посредникҳо» гуфтанд:

«мо наметавонем ба фарзанди шумо шиноснома диҳем, зеро шумо дар Русия дар қайди доимӣ ҳастед. Шумо бояд ба Русия баргардед ва қайди худро муваққатӣ кунед.» Ин ҳама баҳонаҳои беасос буданд. Мақсади онҳо танҳо пул гирифтани бештар буд.

Дар охир чи гуфтаниам? Мо, ҳамватанон, ба чунин рӯзҳо худ сабаб гаштаем. Чунки нисбат ба тақдири худ бефарқ шудаем.

Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам камбудиҳо буданд, вале кормандони давлатӣ то ин дараҷа разил набуданд. Агар касе шикоят мекард, фавран чора дида мешуд.

Ёд дорам, он вақт дар Душанбе маҷаллаи танқидии «Хорпуштак» (ба ӯзбекӣ «Типратикан»), дар Ӯзбекистон «Муштум» ва дар Русия «Крокодил» чоп мешуданд. Мардум тавассути онҳо шикоятҳои худро менавиштанд ва давлат амал мекард. Агар дар он маҷаллаҳо аз як мансабдор ё фасодкор чизе нашр мешуд, тамоми ҳизб ва мақомоти давлатӣ ӯро тафтиш мекарданд ва ислоҳ мешуд.

Ман инро гуфтам, то бигӯям: ҳоло ҳам чунин имконият ҳаст.

Биёед чашмонамонро боз кунем, ҳақиқатро бигӯем, барои ҳаққи худ кӯшиш кунем. Зеро зиндагӣ-ин мубориза ва ҳаракат аст. Агарчи «замони мо»  ҳанӯз наомадааст ва осмон ҳам дар дасти мо нест, вале Худо ба мо имкон додааст, ки кӯшиш намоем. Пас, кӯшиш кунем, мубориза барем, ҳаққи худро ҳимоят кунем ва муқобили ин золимон ва роҳбарони разил истем, то зиндагии мо ором ва ҳуқуқҳои мо поймол нашавад.

Яке аз чунин имкониятҳо ҳамин пойгоҳи «Ислоҳ» аст  ки садои мардумро мерасонад. Нависед, арзу шикоят кунед, то ҳақиқат ошкор гардад ва нисбат ба чунин афроди фасодкор, монанди Ғолиб Саидзода, чора андешида шавад.

Худованд тамоми кормандони пойгоҳи «Ислоҳ»-ро аз ҳар бадӣ ҳифз кунад, ба кори онҳо баракат диҳад, онҳоро бо неъматҳои биҳишти худ мукофот диҳад ва ба миллати мо нусрату раҳоӣ аз золимон ато намояд. Худо ба мо ҳидоят ва ба Ватани мо осоиштагии ҳақиқӣ диҳад..Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.

Камина-ҳамразм ва ҳамроҳи шумо ҳастам!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№294 появились сначала на ISLOH.net.

Гирдоби ҷаҳонӣ ва сарнавишти тоҷикон: «аз Украина то Ғазза, аз Маскав то Брюссел»
Аз Украинаи ҷангзада то Ғаззаи хунин, аз таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия то сиёсатҳои нав дар Осиёи Марказӣ ва Аврупо-ҷаҳон ба гирдоби бесобиқа меафтад. Тоҷикистон, заъифтарин иқтисоди минтақа, дар банди вобастагиҳо қарор дорад. Ҳушёрӣ, ваҳдат ва талаби истиқлолият ягона роҳи наҷоти миллат аст.

Украина ва Русия: ҷанги тӯлонии номаълум

Ҷанги Русия ва Украина, ки аз моҳи феврали соли 2022 оғоз ёфт, то ҳол ба анҷом нарасидааст. Русия дар ҳоли ҳозир тақрибан 20% қаламрави Украина-ро таҳти назорат дорад: вилояти Луганск, бахшҳои зиёди Донетск, қисмати ҷануб ва Қрим.

Ҳамлаҳои ҳавоӣ ва дронӣ ҳар ҳафта идома доранд. Дар сентябри соли 2025, барои аввалин бор Полша як дрони русиро суқут дод-ин аввалин оташкушоии мустақими НАТО алайҳи техникаи Русия буд (Reuters, 10.09.2025). Ин нишонаест, ки ҷанг метавонад аз марзи Украина ҳам берун шавад.

Оқибатҳо барои тоҷикон:

Зиёда аз ду миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳастанд.

Маблағҳои интиқолии онҳо то 40% ММД Тоҷикистон-ро ташкил медиҳанд.

Ҳар фишор ба иқтисоди Русия мустақиман ба зиндагии тоҷикон таъсир мерасонад.

Таҳримҳои Ғарб: аз 18 баста то интизори 19-ум

Иттиҳодияи Аврупо

То имрӯз Иттиҳодияи Аврупо 18 бастаи таҳримӣ зидди Русияро тасдиқ кардааст.

Пакети 18-ум (18 июли 2025) бахшҳои молӣ, низомӣ ва энергетикиро ҳадаф гирифт:

Нархи нафти Русияро аз $60 то $47,6 поин овард (Guardian, 18.07.2025).

Ба рӯйхати «ҳавзи сояӣ» 105 киштии дигар илова шуд ва шумораи умумӣ ба 444 киштӣ расид (DLA Piper, 2025).

Корхонаҳои ҳарбӣ ва бонкҳои нав таҳти таҳрим қарор гирифтанд.

Ҳоло баррасии пакети 19-ум идома дорад, ки метавонад ширкатҳои чинӣ ва миёнаравонро ҳадаф бигирад (Reuters, 10.09.2025). Албатта ин пакет шомили кишварҳои осиёӣ ҳам мешавад,ки вазъияти хело вахимро вахимтар мекунад.

Амрико

Иёлоти Муттаҳида таҳримҳоро идома медиҳад. Президенти кунунӣ Доналд Трамп (сентябри 2025) гуфт, ки мумкин аст ба кишварҳои мисли Чин ва Ҳиндустон, ки аз Русия нафт мехаранд, гумруки калон ҷорӣ шавад (Bloomberg, 09.09.2025).

Таъсир ба Русия

Соли 2022 иқтисоди Русия 2,1% коҳиш ёфт (CSIS, 2024).

Сипас Маскав иқтисодро ба шакли «иқтисоди ҷангӣ» бурд: истеҳсолоти низомӣ боло рафт, корхонаҳо ба эҳтиёҷоти ҷанг мутобиқ шуданд.

Бо вуҷуди ин, таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки Русия аз ҳисоби нархбандиҳо ва маҳдудиятҳо ҳар рӯз то $152 млн доллар зарар мебинад (arXiv, 2022).

Дастрасӣ ба технологияҳои пешрафта маҳдуд аст ва Маскав маҷбур аст аз Чин ва дигар кишварҳои миёнарав ворид кунад (CFR, 2024).

Таъкидҳои мақомҳои Украина: Шӯрои генералӣ (General Staff of Ukraine) эълон кардааст, ки аз оғози ҷанг то кунун, талафоти нерӯҳои Русия-қисман кушташуда ва маҷруҳшуд- аз 1 миллион нафар гузаштааст; аз ин шумора 628,000 нафар дар соли гузашта танҳо ба қайд гирифта шудаанд.

Манбаъҳои ғарбӣ ва мутахассисон: Масалан, Вазорати дифои Бритониё (UK MoD) хабар медиҳад, ки талафоти Русия-кушташуда ва маҷруҳшуда-беш аз 1 миллион нафар расидааст  .

Инчунин, маркази таҳқиқотии CSIS натиҷаи таҳқиқоташро ин тавр хулоса кардааст: тарафи Русия ба тахминан 950,000 нафар талош кардааст, аз онҳо 250,000 нафар кушта шудаанд ва боқимонда маҷруҳанд  .

Статистикаи муҷаввизи 2025: Ҳамчунин-истилоҳи 1 миллион талафот марбут ба матлабҳои таҳлилии ҷанг дар миёнаҳои соли 2025 мебошад, ки аз ҷониби таҳлилгарон ва мақомоте мисли Украина истифода шудааст

Ховари Миёна: Ғазза ва оташи ҷанги бузург

Фоҷеаи Ғазза ҷаҳонро такон дод. Ба гузориши The Gurdian Таҳлилҳои мустақил, аз қабили таҳқиқотҳои дар Lancet нашршуда, нишон медиҳанд, ки шумораи қурбониён 40 % бештар аз омори расмӣ аст, масалан то июни 2024 аз ~46 000 расмӣ ба ~64 260 расидааст.

Омори аз манбаъҳои дигар, аз ҷумла Wikipedia, рақами умумӣ-ҳам шоҳидони мустақими ҷанг ва ҳам қурбониёни ғайримустақим, то 66 700 нафар кушташударо нишон медиҳад, ки аз ин 64 739 нафар фаластинӣ ва 1 983 нафар исроилиҳо мебошанд.

Боз як таҳлили дигар ҳаст, ки дидаву дониста бо шуморҳои ғайрирасмӣ ҳамкорӣ мекунад: як манбаи илмӣ дар medRxiv пешгӯи мекунад, ки то январ 2025 дар Ғазза ~84 000 нафар кушта шудаанд (ин рақам аз шумораҳои травматикӣ ва ба ҳисоби қурбониёни гуруснагӣ ва беморӣ баробар аст)

Метавон хулоса кард, ки шумораи қурбониёни ҷанг дар Ғазза аз октябри 2023 сар карда, ҳоло ҳадди ақал аз 64 000 нафар гузашта, хоҳ ба қавли манбаъҳои расмӣ ва хоҳ таҳлилҳои мустақил бошад.

Эрон ва гурӯҳҳои шиамазҳабӣ (Ҳизбуллоҳ, Ҳусиҳо) ҳушдор медиҳанд, ки ҷанг густариш меёбад. Ин вазъ метавонад ба як ҷанги бузурги минтақавӣ табдил ёбад.

Барои Тоҷикистон:

Ихтилофоти мазҳабӣ метавонад ба ҷомеаи мо низ сироят кунад.

Наздикии Афғонистон ва робитаҳои Тоҷикистон бо Эрон хатарҳои амниятиро зиёд мекунанд. Шаҳрвандони мо аз ин танишҳо сахт бояд ҳазар кунанд.

Аврупо: байни ҷанг ва муҳоҷират

Аврупо имрӯз бо ду мушкил рӯбарӯ аст:

Аврупо ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо (ИА) аз оғози ҷанги Русия алайҳи Украина то имрӯз зиёда аз 118 миллиард евро кумак расониданд, ки ин кумак дар бар мегирад:

Иқтисодӣ, низомӣ, ва гуманитарӣ-баъзе манобеъ рақамро “беш аз €118 млрд”низ мепиндоранд  .

Муҳоҷират: Аврупо бо вуруди садҳо ҳазор муҳоҷир рӯбарӯ шудааст. Танҳо дар Олмон соли 2023 зиёда аз 35 ҳазор тоҷик сабти расмӣ шуданд (Eurostat). Аз ин адад 12 ҳазорашон иҷозати иқомати расмиро ба даст овардаанд.

Дар Бритонё тибқи омори Joshua Project, гурӯҳи тоҷикон дар дар ин кишвар ҳамагӣ 5 100 нафар ҳисоб шудааст.

Дар Фаронса бошад тибқи маълумоти оморӣ миёни 1200 то 1500 шаҳрвандони Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд.

Барои тоҷикон:

Аврупо имкони зиндагии нав ва амниятро медиҳад.

Аммо сиёсати муҳоҷират сахттар мешавад. Тоҷикон бояд мутобиқ шаванд ва қонунҳои ҷомеаи мизбонро риоя кунанд.

Осиёи Марказӣ: роҳҳои гуногуни ҳамсоягон

Қазоқистон

ММД: ~225 млрд доллар (2023).

Қасим-Жомарт Токаев дар СММ (сентябри 2022):

«Қазоқистон истиқлолият ва тамомияти ҳар як кишварро эҳтиром мекунад. Мо эътироф кардани минтақаҳои ишғолшударо намепазирем.»

Остона мекӯшад миёнарав бошад ва ҳам бо Русия, ҳам бо Ғарб ва Чин ҳамкорӣ кунад.

Узбекистон

ММД: ~90 млрд доллар (2023).

Шавкат Мирзиёев (декабри 2022):

«Узбекистон сиёсати бетарафиро идома медиҳад. Мо ба ҳеҷ як низоъ ҳамроҳ намешавем ва роҳи дипломатиро дастгирӣ мекунем.»

Узбекистон сиёсати бисёрсамтиро пеш мебарад: бо Туркия, ИМА, Аврупо ва Чин ҳамкорӣ мекунад ва аз вобастагӣ ба Русия канора мегирад.

Қирғизистон

ММД: ~14 млрд доллар (2023).

Содир Жапаров (2023):

«Мо узви ЕАЭС ва СПАД ҳастем, аммо дӯстии худро бо Туркия, Чин ва дигарон низ қадр мекунем.»

Қирғизистон вобаста ба Русия боқӣ мемонад, вале мекӯшад роҳҳои дигарро боз нигоҳ дорад.

Тоҷикистон

ММД: ~11 млрд доллар (2023).

Қарзи хориҷӣ: ~3,2 млрд доллар, беш аз нисфаш аз Чин.

Эмомалӣ Раҳмон (2023):«Русия барои мо шарики стратегӣ ва кафили амният аст.»

Тоҷикистон вобастаи шадиди Русия ва Чин аст ва сиёсати хориҷии мустақил қариб,ки вуҷуд надорад.

Раҳмонов ва беғамии маргбор нисбат ба шаҳрвандон

Тоҷикистон имрӯз зери ҳукумати хонаводагии Эмомалӣ Раҳмон ба як кишвари нотавон ва бепаноҳ табдил шудааст. Ҳама чиз-аз иқтисод то сиёсат, аз тиҷорат то ҳокимият-дар дасти як хонавода монополия шудааст.

Ҳукумати хонаводагӣ ва тиҷорати оилавӣ

Дар ҳоле ки мардум аз бекорӣ, камбизоатӣ ва муҳоҷират ранҷ мебаранд, тамоми сарватҳои кишвар ба дасти аъзои оилаи Раҳмон афтодааст. Аз калонтарин ширкатҳои давлатӣ то содироту воридот -ҳама чиз дар ихтиёри фарзандон, домодон ва наздикони Раҳмон аст. Миллат ба як манбаи даромад барои як хонавода табдил дода шудааст.

Бе барқ дар сармо ва гармо

Ҳатто ниёзи аввалин «барқ» барои мардум таъмин нест. Дар сармо ва гармо мардум ҳафтаҳо бе барқ мемонанд, ҳангоми он ки хонаводаи ҳоким дар қасрҳои пурнури худ зиндагии шоҳона доранд.

Хомӯш кардани ҳар садои эътироз

Дар чунин вазъият, ҳар кӣ ҷуръати баланд кардани садо мекунад, саркӯб мешавад. Мухолифону озодандешон зиндониянд, рӯзноманигорон таҳқир мешаванд, ҷомеа таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Ҳеҷ шаҳрванд ҳуқуқи озодона садо баланд карданро надорад.

Сафоратҳо-маркази тиҷорат, на ҳимоят

Ҳазорон муҳоҷири тоҷик дар Русия ва кишварҳои дигар таҳқир мешаванд, кушта мешаванд, азият мекашанд. Аммо сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон ба ҷойи ҳимоя, танҳо маркази пулкорӣ шудаанд. Ҳар шиноснома, ҳар ҳуҷҷат бо пора ва ришва ҳамроҳ аст.

Эмомалӣ Раҳмонов ҳукумати худро ба як корпоратсияи хонаводагӣ табдил додааст, ки мақсади он танҳо нигоҳ доштани қудрат ва ғанӣ кардани оила аст.

Мардум бошанд, бе барқ, бе кор, бе ҳимоят ва бе овоз мондаанд. Ҳар садое, ки аз миллат барояд, дар ҳол хомӯш карда мешавад.

Тоҷикистон зери ин ҳукумат на давлат аст ва на сарпаноҳи шаҳрвандон-балки маҳбаси бузурге барои миллат аст.

Паёми мустақим ба шаҳрвандони Тоҷикистон

Ҷаҳон имрӯз пур аз ҷанг, таҳрим ва нооромист. Украина хунрезист, Ғазза зери оташ месӯзад, Аврупо зери фишори ҷанг ва муҳоҷират, Русия таҳти таҳрим, Осиёи Марказӣ роҳҳои гуногунро меҷӯяд.

Қазоқистон роҳи миёнаравиро интихоб кард.

Узбекистон бо сиёсати бисёрсамтӣ истиқлолияти худро ҳифз мекунад.

Қирғизистон вобаста аст, вале мекӯшад роҳҳои дигарро боз нигоҳ дорад.

Тоҷикистон бошад, заъифтарин ва вобастатарин боқӣ мондааст.

Агар мо тоҷикон ҳушёр набошем, бозичаи қудратҳо мемонем. Агар муттаҳид набошем, тақдири мо ба дасти дигарон мемонад.

Паём равшан аст:

Огоҳӣ ва озодандешӣ вазифаи ҳар як тоҷику тоҷикистони аст.

Ваҳдат ва канорагирӣ аз тафриқаи мазҳабӣ ва сиёсӣ — шарти зинда мондани миллат аст.

Ҷустуҷӯи роҳҳои нави бурунрафт аз ин варта ҳушёрӣ ва иқтисод-кафили наҷоти оилаҳо ва ватан аст.

Талаби ислоҳот ва сиёсати зираконаи мустақил-ягона роҳи истиқлолияти воқеии Тоҷикистон аст.

Тоҷикистон бояд аз вобастагӣ раҳо шавад. Тоҷику тоҷикистонӣ бояд соҳибони ҳақиқии сарнавишти худ гарданд.

Сообщение Гирдоби ҷаҳонӣ ва сарнавишти тоҷикон: «аз Украина то Ғазза, аз Маскав то Брюссел» появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №266
Дар ин замони беш аз сӣ соли истиқлол миллион-миллион тоҷик дар шаҳрҳои Русия муҳоҷиру муздур  шудаву луқмаи ноне ба даст оварда барои наздиконаш роҳӣ мекунад. Аммо ин луқмаи нонро аз чи роҳе ба даст меоварад? Аксарияти онҳо бо сад азобу машаққат кору пул пайдо мекунанд.

Ҳикояте, ки дар номаи аввали ин шумора ҷо додаем, бисёр ҳам риққатовар аст. Як нафар ҷавонмарди тоҷик, ки дар ватан натавонист чархи зиндагиашро пеш барад, ночор шуд рӯ ба ҳиҷрат оварад. Вай бо чи монеаву мушкилоте дар ин сафар мувоҷеҳ шудро аз номаи худи ӯ хоҳед хонд. Агарчи ному насаб ва зодгоҳи ӯ бароямон маълум аст вале худаш тарҷеҳ дод, ки ифшо накунем.

Маскав

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман, сокини яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистон ҳастам. Бигзор, онҷо, ки зиндагӣ мекунад, пинҳон монад. Айни замон дар Маскав, пойтахти Федератсияи Русия қарор дорам, муҳоҷири корӣ ҳастам. Аммо, то инки ба Маскав оям хеле дар роҳ азоб кашидам ва амсоли ман шояд ҳазорҳо тоҷики дигар ҳаст, ки ҳар мавсими муҳоҷират чунин азобу азият мекашад.

Соли ҷорӣ 15 апрел хостам Қазоқистон ба кор равам. Омадам Қазоқистон. Вақти сарҳадро гузаштан марзбони қазоқ паспорти маро диду пурсид, ки ту тоҷик, гуфтам, бале, тоҷик. Гуфт паспорти тоҷикиат канӣ? Гуфтам дар хона. Гуфт раву биёр. Гуфтам, ки ман хона рафта оварда наметавонам, иҷозат фармо, ки сарҳадро гузарам. Бо дасташ ишора кард, пул деҳ гуфт. Як шахс онҷо урусиро нағз медонист, ман гуфтам договор кунем, бо ин гап зан урусиро нағз медонӣ. Сарҳадбон панҷ ҳазор тенге гуф, вагарна гузашта наметавонӣ. 6 ҳазор тенге 1000 рубли русӣ мешавад. Мо чор нафар панҷҳазорӣ додем. Дар ҳоле, ки сарҳадчии қазоқ фақат аз ман пул пурсида буд, ҳамроҳони ман ҳам нофаҳмида пул доданд. Хуллас, сарҳадро гузаштему даромадем Қазоқистон ва чанд вақт дар як ҷо кор кардем. Як посредник доштем, ки вай ҳуҷҷатҳои моро регистратсия кард. Баъзе нафарҳоро посредник муомилааш нафорид, аз кор гурехтанд, чунки ҳам дағал буд ва ҳам пули дуруст намедод. Вақте баъзе аз одамҳо гурехтанд, ин посредник вокуниши тунд карда омад. Ман гуфтам, ки аз якуми июл пеш бояд Русия равам. Чунки Русия эълон карда буд, ки баъди якуми июл шароити вуруд ба хориҷиҳоро душвортар мекунад, аммо баъдтар ин қарорашро ба иҷро надаровард.

Он одами посредник аз деҳаи Вешисти ҷамоати Ёрии Панҷакент аст. Номаш Ҳомид, муаллими Ҳомид мегуфтем. Гуфтам маро иҷозат деҳ равам Русия. Бо ман ҷангҷол кард. Гуфт «туро ғулом мекунам, он нафарҳои гурехтагиро ҳам дошта оварда ғулом мекунам». Хулоса дуғу дарангу таҳдид кард. Ман дар як ҳолати шок афтодам, вақте вай гуфт, ки ғулом мекунам. Аммо дигар гапашро қабул накардам, кор набаромадам. Дид, ки намешавад «хайр ҳамин корро тамом куну рав» гуфт. Дар шаҳри Усткаменегорск. Моро дар як саҳро бурда партофтагӣ буд, ки онҷо дар оғили гов кор мекардем. Свету роҳи мошин дошт, вале як саҳрои холӣ буд. Аз пули корамон ягон сесад доллар гирифтем. Қисми зиёди пули корамонро дошт, бо ин ваъда, ки дертар медиҳам. Ман боз дар як объекти дигари ӯ кор карда будам. Где то як сесад доллар пули ман дар дасташ мондагӣ буд. Хуллас, маро намонд, иҷозат надоду худаш рафт. Ман занг задаму гуфтам иҷозат деҳ биравам. Вале вай «дигар занг назан гуфту голосовой карда таҳдидро сар кард: депортатсияат мекунам, регистратсияатро анулироваи мекунам, 15 сутка «гауптвахта» мекунам.. ва ҳоказоҳо гуфта тарсонидан хост. Яъне ин гапҳоро муаллими Ҳомид-посредники мо мегуфт

Ман чанд вақт истодам ва ба он одаме, ки маро Қазоқистон оварда буд гуфтам он посредникро гӯ маро иҷозат диҳад ранги одам, ман равам. Вагарна дар Тоҷикистон ба милиса медиҳамаш. Қабул накард. Ба Тоҷикистон ба як шахс занг задам. Аз Тоҷикистон барояш навиштанд, ки фалониро ту ғулом кардаӣ, аз ту эҳсоси хатар мекунад, иҷозат деҳ равад, вагарна аз болоят жалоб мекунад.

Муаллими Ҳомид  ҳамаро рад карда гуфтааст, ки гӯё ман дурӯғ гуфта бошам ва голосовой карда дар телефони он одам партофтааст. Боз пофишорӣ кардам, ки ман дигар инҷо намеистам, маро иҷозат диҳад равам.

Шахсе, ки маро оварда буд гуфт, ки ду рӯзи дигар истую пулҳоятро гиру рав.  Муаллими Ҳомид ҳозир дар шаҳр аст, ҳамин хел қавл кардааст. Ду рӯзи дигар истодам, аммо дар охир гуфтааст, ки не равад, пул нест. Ман баромадаму рафтам.

Аз ҳамон шаҳри Уст-Каменогорск-шаҳри калон дар шарқи Қазоқистон  мебоист, ки ман Новосибирск мегузаштам, бояд тарафи Росия гузаштан даркор буд. Гуфтанд, ки Новосибирск наздик аст ва аз онҷо ман метавонистам бо поезд ё бо самолет Маскав равам.

Рафтам ва онҷо фаҳмидам, ки якзани тоҷик посредник будааст, ки одамҳоро ба тарафи Самара меовардааст ва вай Гулбаҳор ном доштааст. Бо Гулбаҳор гап задам ва вазъиятамро фаҳмонидам. Вай гуфт, ки ба Алмаато билет гир. Билети автобус гирифтам. Аммо пеш аз савор шудан ба автобус дилам гуфт бори дигар ба Гулбаҳор занг зан.

Ин дафъа вақте занг задам ҷавоби конкретӣ надод ва ғӯлингхоӣ карда гуфт, ки ҳоло ман бинам, ки билет ҳаст ё нест. Хулоса ман дидам, ки ин кор шуданӣ нест рафтам барои билетро иваз кардан пеши ҳамон диспетчери вокзали автобуси Уст-Каменогорск ва ба ӯ гуфтам ман бояд Русия равам. Диспетчери вокзали автобус гуфт, ки барои ту билет намефуруӯшем.

Гуфтам барои чи?

Намефурӯшем, тамом. Ва сипас гуфт, ки шуморо дар пост панҷ-даҳ соат медоранд. Одамҳое, ки ба автобус Алмато мераванд ва аз онҷо бо самолёту поезд тарафи Русия рафтанашон даркор аз пушти шумоҳо опоздат мекунанд, барои ҳамин намефурӯшем.

Дар онҷо гуфтанд, ки як вокзали дигар ҳаст онҷо бирав, рафтам, бефоида. Вале дар онҷо гуфтанд, ки вокзали поезд рав. Вокзали поезд рафтам.Дар роҳ ба як таксист,ки маро мебурд гуфтам Русия бояд равам, аммо саргардон шудам. Таксист гуфт бояд, ки Астана равӣ. Гуфт аз Астана зани ман бо 10ҳазор тенге рафт Русия.

Як таксистро занг зад. Таксист гуфт, ки 20 000 тенге диҳад мебарам. Қиса кутоҳ Астана омадам. Бояд бо самолет ё бо поезд Масква биёям. Ман дар онҷо, ки кор мекардам пули кор кардаамро Тоҷикистон фиристода будам. Камтар пули русӣ -15000 рубл дар дастам монда буд.

Вокзал омадам. Нархи поезд тарафи Самара 33000 рубл будааст. Он рӯзҳо ҷанги Исроилу Эрон идома дошт ва нархи билетҳо баланд шуда буд. Буромадагӣ ҳамин  хел бояд ман билет гирам равам ман пулам кам.

Билетфуруши вокзалро гуфтам, ки «хайр мана ёрдам те, ман пулам кам, аз Росия пул фиристонадат ту нақд карда ба ман деҳ. Чунки ман корти қазоқӣ надорам. Инҷо пули нақд пурсида истодаанд. Билетфуруш рад кард.

Таксисте, ки ки маро онҷо бурда буд гуфт, ки як милисаи шинос дорад, метавонад ёрдам  кунад. Вай бисёр шаҳрвандонро ёрдам мекунад. Пеши он милиса рафтем. Ман гуфтам ҳамин хел ҳол ва моҷароро мухтасар гуфтам барояш. Онҳо бо ҳам қазоқӣ гап заданду баъд такист гуфт камтар инҷо шин. Ман хеле шиштам. Ба милиса гуфтам что решилӣ?

Гуфт ман туро «за ришотка барои бист рӯз мешинонам».

Гуфтам барои чи?

Гуфт ту фикр мекуни , агар бепул буданатро фаҳмад туба ҳукумати Тоҷикистон ё посолство помагает? Намекунанд. Мо ҳам  бепулро помогат намекунем гуфт .

Боз як старшиаш омад, ӯро ҳам илтимос кардам, аммо вай ҳам қабул накард. Гуфт мо ёрдам карда наметавонем, куҷое равӣ, рав, мо ягон хел ёрдам карда наметавонем.

Акнун аз вокзал ноумд шуда бояд аэропорт мерафтам. Таксӣ гуфт 5000 тенге деҳ, мебарам.

Ба вай гуфтам бояд Русия равам вале билети самолёт ҳамин хел қимат. Гуфтам пуламро Тоҷикистон фиристодам. Гуфт инҷо як вокзал ҳаст, ки ҳар рӯз дар ҳар шаҳри Русия рейс мешавад.

Ҳамонҷо бар гуфтам. Гуфт 7 000 тенге медиҳӣ.

Гуфтам майлаш.

Вақте рафтем10000 тенге деҳ гуфт.

О, гуфтам лафз кардӣ, туям мусулмон, 7000 тенге буд гапзанонамон.

Не,10000тенга гуфт.10000 тенге гирифт. Номери таксиро сурат гирифтам, аммо чи фоида мо тоҷик ҳастем ку соҳиб надорем.

Хулоса, рафтам, ки билет будааст, дар рӯзи ҷумъа соати 2 билети автобус 22000 тенге, аз 3000 рубл зиёдтар.

Баъд расидем ба пост. Дар ҳамон дохили автобус документҳоро диду туғрӣ гуфт  ва декларатсияро ҳам худаш пур кард.

Вақти гузаштан пограничники урус паспорти маро диду гуфт мигратсионӣ пур кун,пур кардем. Документҳоро диду пурсид, ки ту депортатсия шудагӣ нестӣ, паспорта иваз кардагӣ нестӣ? Гуфтам не. Гуфт, хайр бишин. Нишастам. Паспортҳоро проверка кард, одамҳоро ҷавоб доду мана дароварда пурсиши зиёд кард.

Чи хеле як муфаттиш ҷинояткорро мепурсад, ҳамон намуд.

Пурсид, ки намоз мехонӣ?

Гуфтам, бале.

Боз пурсид, ки дар як рӯз чанд бор молитва мехонӣ?Гуфтам панҷ бор. Дар кадом мазҳабӣ гуфт?

Гуфтам ҳанафӣ.

Пурисд, ки ҳаҷ рафтагиӣ?

Гуфтам, ин шо Аллоҳ меравам, пулдор шавам.

Китоби религиознӣ дорӣ? боз пурсид.

Гуфтам надорам.

Пас телефонамро гирифту проверка кард.

Гуфт ту чи мебинӣ?

Гуфтам ахбор мебинам.

(Рости гап телефонам тоза кардагӣ буд, шуморо бисёр мебинам)

Гуфт телефонатро тоза кардагиӣ.

Гуфтам, не.

Бовар накард ва аз қавлаш нагашт ва гуфт, не тоза кардагӣ.

(Рости гап худам неву аммо як бача, ки ҳамроҳам кор мекарду мефаҳмид, тоза карда буд)

Хуллас, иҷозат доданд, омадам Екатеринбург.

Як ҷураам гуфт, бо сесад рубл вокзали поезд мебарад.

Таксиро гуфтам, ки маро вокзал бар, гуфт 3000!

Гуфтамаш, ки як ҷураам дигар нарх гуфта буд.

Сахт қаҳарш кард. Гуфт шумо мебиёду кор мекунеду пул мегиред даст ба корҳои ношоиста мезанед, духтарҳои русро фалону беҳмадон мекунед, бачадор мекунед, фиктивний брак мекунед, баъд мепатоеду мегурезед. Хулоса, гапҳои сахт гуфт ва таҳид кард, ки военкомат мебарамат ба ҷанги Уркаина мефиристандат.

Охири нархаш пас аз ин ҳама таҳдиду таҳқир 500 рубл шуд.

Гуфтам не шути, камтари дигар поин фарор.

Ин гапро зада будам, ки кам монда буд маро занад.

Ҳамин вақт буд, ки яке ба сарам зад, ки пурсам вокзал чи қадар масофа дорад. Пурсидам. Маълум шуд, ки ки вокзали поезд ягон 150 метр дуртар аз инҷо, ки ман фаромадам қарор доштааст, яъне аз вокзали автобус. Барои ҳамин сесад рубл мегирифтаанд.

Хулоса, бо ҳамин саргузаштҳо расидам ба Маскав ва дар роҳ аҳд карда будам, ки ҳамин, ки дар ягон манзил поям қарор гирифт, ҳатман ба шумо занг зада ин моҷарор ҳикоят мекунам. Ва, ҳоло ҳамин корро кардам.

Тоҷикҳо дар Қазоқистон ҳам зиёданд. Мо дар як саҳро будем. Онҷо магазин нест, мошин нест, ҳиҷи нест. Дар оғили як бой кор мекардем. Миллионери рустабори Қазоқистон аст. Аммо, мутаассифона ва бадбахтона, кадоме, ки онҷо кор кард

ҳамон посредник пулҳояшонро пурра намедод.

Муаллими Ҳомиди вешистӣ аз панҷоҳ сол зиёд син дорад. Ҳамроҳи бачаҳо домодаш ҳам кор мекардааст. Ҳатто домодашро ҳам фиреб мекард. Вақтҳои ҷанги шаҳрвандӣ офитсер будааст. Ҳамон вақтҳо дар роҳҳо истода камазистҳоро угрожат карда пул мегирифтааст. Камтар аз по осеб гирифтааст, мисле, ки мелангад. Шахси қадпаст аст.

Ин муаллими Ҳомид договорро дигар хел мекунаду пулро дигар хел медиҳад. Дар вақти договор одами хуб, аммо баъд, тамоман шинохта намешавад. Мошенники сахт аст. Барои ҳамин бисёр одамҳо гурехтанд. Онҷо аз Ҳисор ҳам буданд. Чор бригада. Рустам бригадири калониашон буд.

Он одамҳо, ки аз назди ин посредник гурехтанд аз Навобои ҷамоати Лоиқ Шералии Панҷаент буданд. Аз деҳаи Рашнаи ин ноҳия аввалҳо ҳамроҳи мо 25-30 кас кор мекаранд, гурехтанд, 10 -12 кас монданд.

Бародар ана ҳамин буд, мухтасари ҳикояти мани муҳоҷири хокбарсар. Хоҳед чоп кунед. Аммо хоҳиш,ки дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед.

Анқара

Ассалому алайкум,бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.
Ман баромадҳои Шуморо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста пайгирӣ мекунам ва ба ҷасорату ростгуии Шумо эҳтиром мегузорам. Худи ман айни ҳол дар Туркия зиндагӣ мекунам. Хешовандонам ҳамин ахборро барои ман фиристоданд.

Имрӯз дар Тоҷикистон як мушкили бисёр ҷиддӣ вуҷуд дорад ин масъалаи Артиш мебошад. Агар вазъият ба ҳамин шакл идома ёбад, фарзандонамон ҳаргиз намефаҳманд, ки Артиши ҳақиқӣ чист. Онҳо аз хизмат ба Ватан гурезон мешаванд. Агар имкон бошад, дар бораи ҳамин масъала маводҳои зиёд омода ва нашр кунед. Ҳоло ман дар ҳамин масъала барои шумо менависам, албатта дар асоси маълумотҳои хешовандонам. Пешакӣ ташаккур. Бигзор ин навиштаи маро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед. Ман ба ин навишта чунин сарлавҳаи гузоштам:

Коррупсия дар либоси низомӣ, бемориҳое, ки дар Артиши Миллии Тоҷикистон паразит мешаванд

Дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 300 ҳазор фиристодаи мардуми тоҷик ҷангиданд ва беш аз 92 ҳазори онҳо дигар ҳаргиз ба Ватан барнагаштанд. Тақрибан 45 ҳазор нафар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхонаҳои мудофиавии минтақаҳои ғарбӣ ва марказии РСФСР, Урал ва Сибир фиристода шуда буданд.
Мардум қаҳрамонони худро гиромӣ медоранд ва дар Рӯзи Ғалаба ба онҳо эҳтиром мегузоранд.
Таърих гувоҳ аст, ки дивизияҳое, ки дар онҳо фарзандони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон хидмат мекарданд, Сталинград ва Маскавро бо ҷони худ ҳимоя карданд. Дар миёни онҳо сарбозони оддӣ, артиллеристҳо, тирпарронҳо ва сарҳадбонон буданд. Хотираи абадии қаҳрамонони он ҷанги гузашта!
Аммо имрӯз вазъ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон чӣ гуна аст?
Худам зодаи шимоли кишвар ҳастам. Дар давраи Шӯравӣ вилояти зисти ман бо номи Ленинобод маъруф буд, баъд аз истиқлолият он ба номи Суғд табдил ёфт. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони мустақил коре осон нест.
Баъд аз расидан ба синни 18-солагӣ, комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳо ба наврасон зич назорат бурда, дар назди мактабҳо «облава» ташкил мекунанд, то ки ҷавонписарони навдаъватшударо дастгир намоянд. Одатан, ба доми чунин шикарандагони ҳуқуқ ҷавонписароне меафтанд, ки аз оилаҳои камбизоат ҳастанд ва имкони халос шудан аз ин навъи «ғуломӣ»-и маҷбуриро надоранд.
Аммо агар фарзанди сарватмандон ба дом афтод, ин маънои «шикори муваффақ» ном дорад. Комиссариати ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ, чун дигар ниҳодҳои шабеҳ, «нархномаи пинҳонӣ»-и худро дорад. Онҳое ки намехоҳанд қарзи конститутсионии худро адо кунанд, метавонанд бо маблағи муайян аз хизмат озод шаванд.
Ҳуҷҷат дар бораи номуносиб будан барои хизмат -2000 доллари ИМА, билети ҳарбӣ бо «мазмуни шубҳанок»— 3500 доллар, ва билети ҳақиқии ҳарбӣ бо «тамоми эҳтиром» -10 000 доллар. Ҳамин аст нархҳои имрӯз!
Аммо агар ҷавонписар ба Артиш фиристода шавад, ҳисоб кун, ки сарнавишташ сиёҳ мешавад. Мисли ду сарбози навдаъватшуда аз қисми ҳарбии 06870- баталёни десантӣ-ҳуҷумии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, воқеъ дар деҳаи Чоруқдайрон, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Ҳеҷ чиз хабар намедод, ки фоҷиа рӯй медиҳад: ин ду сарбоз бо эҳтиром ба қисми ҳарбӣ расонида шуданд, вале он ҷо қонуни «дедовшина» барояшон интизор буд. «Кадрҳои калонсол» навомадаҳоро бо «ғамхории бародарона» истиқбол гирифтанд, дар ҳоле ки «старшина» -бо «муҳаббати модарона».
Фикр кардан мумкин аст, ки ин чӣ гуна «қабули гарму самимӣ» буд, ки ду сарбоз фирор карданд. Милиса, наҷотдиҳандагон, сарҳадбонон- ҳама дар ҷустуҷӯи онҳо мебошанд. Аксҳои онҳо ҳатто дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳад бо Қирғизистон овехта шудаанд.
Аммо агар сарбоз ба сарнавишти худ тан диҳад, пас чун даҳҳо ҷавонони дигар ба дидбонгоҳҳои сарҳадӣ —«Обишифо» дар тобеияти қисми сарҳадии Мастчоҳ, ба дасти капитан Б. Шарипов фиристода мешавад, ки кори ҳарбиро хуб медонад.
Маблағгузории нокифоя, набудани ҳимояи иҷтимоӣ ва як қатор омилҳои дигар сабаби ба вуҷуд омадани фасод ва зӯргӯӣ дар сафи Артиш мегарданд. Наполеон гуфта буд: «Миллате ки намехоҳад артиши худро хӯронад, дер ё зуд артиши бегонаҳоро хӯрондан мегирад».
Мутаассифона, ин воқеиятҳои Артиши имрӯзаи Тоҷикистонанд. Ин дар замони осоишта аст, ки бо зӯр ба хизмат мебаранд. Вале агар фоҷиаи ҷиддӣ сар занад, ватандӯстӣ ба як овози холӣ табдил меёбад.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз шаҳри Душанбе бароятон ин номаро мефиристам. Матолибу барномаҳои ютубии шумо дар бораи Исмат Абдуллоев-Исмати дуликро ман ҳам хондам ва ҳам тамошо кардам. Ончики навиштед, ягон зарра нодуруст нест. Аммо, бовар кунед, ки инҷо гап танҳо дар сари 500 миллион сомонӣ ё 50 миллион доллар намеравад. Инҷо маблағи бузургтаре ҳаст, ки болои он ҷанҷол шудааст. Ин 50 миллион долларро ҳам Исмати дулик ва ҳам Ҳасани ишкамба метавонанд аз кисаашон бароваранду диҳанд.

Вале аҷоиботи кор дар он аст, ки Аҳлиддин Меликови муовини Исмати дулик дар фурудгоҳи байналмилалии Душанберо, ки бо Исмат боздошт ва дар СИЗО шинонида буданд, тахминан ду ҳафта шуд, ки ҷавоб доданд. Аҳлиддин аниқаш рӯзи ҷумъаи 18 июл раҳо шуда буд. Вай чи гуна раҳо шуд, намедонам. Вале ҳамин қадарашро медонам, ки пеш-пеш ва оҳиста –оҳиста пулҳои дуздидаашро ба дузди асосӣ баргардонида истодааст. То онҷо,ки шунавидам ба худи дузди №1-и Тоҷикистон 50 миллион доллар нақдӣ пора додааст ва боз ваъда кардааст, ки зиёни расонидаашро ба ҳисоби давлат бармегардонад.

Як чизи дигарро бояд инҷо бигӯяма, ки ин гапҳо, ки зани дуюми Исмати дулик ба қочоқу фурӯши духтарҳо ба Туркияву Дубай машғул аст дур аз воқеъият аст. Зани дуюми Исмати дулик як ҳофизаи сиёҳак буд, ки баъди зани Дулик шудан овозхониро бас кард. То ба ин ҳад ба пастӣ рафтагӣ нестанд: «И,паати Дулик ончунон пуле дорад, ки ин 50 миллион барояш чизе нест. Сарвату пули ӯро 500-1миллиард гӯем ҳам шояд кам гуфта бошем. Исмат аз солҳои 90 гремет мекард. Вай чанд заправка дошт. Вақте Исмат сумдор буд, Ҳасан чизе надошт, думдуми Исмат мегашт, Исмат пираш буд».

Соли 2010 ё 2011 Аҳлиддин Меликов президентро ба қишлоқаш бурда буд, ҷугорихурӣ. Дар байни замини ҷугорӣ капа карданд, спетсиално барои презиент- капаи чубӣ. Барои онки президент ба он қишлоқ равад 12 километр роҳро Меликов «ай ҳисоби худуш асфалт карда буд, қишлоқи уно дарунда, раҳи соз надорад. Ай роҳи калони суни Ҳисор мерад дарун ба даруниқишлоқа. Худуш 12 км роҳро асфалт кард. Нархи як километр асфалт на кам аз як миллион доллар аст.

Албатта, шумо дар бораи Барада.тҷ медонеду шунидагиед. Як вақт язнаи ҳамин Барада.тҷ шофери Исмати дулик буд. Як нафар аз шиносҳо аз қавли ӯ нақл кард, ки Ҳасани ишкамба дар хонаи падари Исмат калон шуда будааст. Дар вақти студентиаш отаи Исмат Ҳасанро  ҳам финансировт  мекардаст. Ҳасан сахт камбағал будаасту онҳо нондор будаанд. Барои ҳамин вақте язнаи Ҳасан президент мешаваду Душанбе меоянд, Исматро ҳам меоранд. Исмати дулик дар вақташ  Ҳасанро дар заправкааш ба кор гирифта будааст.

Ин ошнои мо чанд руз пеш меҳмони бародари ҳамон шофери Исмат мешавад. Вай мегӯяд, ки «действително ҳамин хелӣ пуло меомадай. Чор сол шудаст бас кадай шофёрира».

Ҳамин язнаи Барада.тҷ гуфтааст, ки «очаи иёра об барад намешавад қати ино кор кадан, талхат мекафад, роҳӣ мекунанд, омадӣ, ҳо: «фалонҷо бра мега мерай я намуд да мошинат пул мезанад, дар раҳ баромадан метарсӣ, ана шаб то саҳар фақат чамадони пул мекашидем. Ай фалонҷо бигир пула бар фалонҷо ай фалонҷо ба фалонҷо сумка сумка пул каш».

Мегӯяд, ки аввалҳо фикр мекардам ягон хел бор аст. Аммо мегӯяд: «вақте фаҳмидам, ки пул аст, дигар росташ сахт тарсидам, ки бубром да раҳо, ки худшон бе проблема метонан убиратут кунанд. Чамадон чамадон, сумка сумка пул. Ҳамин хелӣ будай миллиард миллиард. Барои ҳамин мегум,ки барои ин 50 миллионак Исматро маҳкам кардагӣ нестанд. Ин пулро Ҳасан худаш мебахшид. Аз инҷо маълум мешавад, ки  Исмат Ҳасанро хушрӯ кидат кардагӣ аст».

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №266 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №237
Ҳамин чанд рӯзи пеш буд,ки матлабе зери унвони «Ислоҳ кор мекунад» ба нашр расид, ки аз асароти матолиб ва вокуниши мақомот ба онҳо ҳикоят мекард. Ба назар мерасад ҳоло мақомот дигар ба «Ислоҳ» имон овардаву вокунишҳояшон сареътар шуда истодаст.

Тайи чанд рӯзи ахир дар бораи сармеъмори Ваҳдат дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» навишта ва ҷароими ӯро гушнишони мақомот кардем ва гуфтем, ки ҳарчи сареътар дастбакор бишаванд, вагарна Ваҳдатро ҷазиру хароб мекунад. Мақомот, ин бор, ба фарқ аз матолиби дар бораи Абдусалом Тухтасунзода, раиси ҳоло зиндонии Конибодом чопшуда, ки барои тафтишу баррасии он ду сол таъхир карданд баррасии навиштаҳо дар бораи Вайсиддин Давлатзода, сармеъмори Ваҳдатро ду моҳ ҳам тул надоданд. Дар бораи сармеъмори Ваҳдат як нома дар моҳи феврал ва номаи дуввум дар моҳи март чоп шуд. Мақомот чун диданд, ки «Ислоҳ» росту дуруст менависад, воқеиятро мегуяд ва муҳимтар аз ҳама онро худи халқ, ки муаллифи номаҳо аст мегуяд ва халқро фиреб дода намешавад, зуд аз пайи кор шуданд ва сармеъморро аз кор канор андохтанд. Бале, ҳамин тавр бояд бошад. Бояд аз «Ислоҳ» ва хадамоти беғаразонаи вай истифода кард. Як манбаи огоҳ дар мақомоти тафтишотии Ваҳдат гуфт ӯро бо виговори қатъӣ аз кор гирифта ва айни замон тафтишоти аъмоли ӯро доранд идома медиҳанд.

Барои онки бидонед Вайсиддин Давлатзода чи кор карадааст як иқтибосе аз барномаи пештараи «Номаҳо…» меоварем:

« Салом бародари гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин. Аллоҳ аз Шумо розӣ бошад, бо ин заҳматҳое, ки барои миллат ва мардум шабонарӯзӣ карда истодаед!
Номаи ман дар бораи яке аз корманди ҳукумати шаҳри Ваҳдат, инсони дузду ғоратгар ва таҷовузгар бо ном Давлатзода Вайсиддин аст, пештар дар вазифаи сардори ОКС-и ҳукумат кор мекард. Ин гурӯҳи дузду ғоратгар бо сардории раиси пештараи шаҳри Ваҳдат Раҷабмад Амирзода кору фаъолият мекард. Оид ба қабули иншоотҳо пули калоне гирифта аз шаҳрвандон барои хонаҳои носохта ба маблағи аз 3000(се ҳазор) доллар бештар ва аз домсозҳо аз фурӯши замин барои сохтани хонаҳои баландошёна сар карда то тамоми ҳуҷҷатгузорӣ маблағи хубе мегирифт ва ҳоло ҳам мегирад.

Айни ҳол бошад Давлатзода Вайсиддинро боз барои чунин «дуздиҳои хуб»-аш ба вазифаи сармеъмори Ваҳдат гузоштанд. Ин ватанфурӯш дар Ваҳдат куҷое як ҷойи холӣ ё детский площадка мебинад, ҳатман бо раис маслиҳат карда пешниҳод мекунад ва харидорро ҳам меёбад ва заминро мефурӯшад. Шаҳрро ҳамроҳ бо Раҳмоналӣ Амирзода ҷазирбоду расво намуда буданд. https://isloh.net/nomaho-az-nohiyaho-ba-isloh-net-№213/ 11.02.2025».

Хуб, ҳамин тавр аст. Мо, корамонро мекунем, мутмаин бошед, ки кори мо таъсири худро хоҳад гузошт.

Ва, ҳоло боз як чизи дигарро хотиррасон мекунам, ки он ҳам марбут мешавад ба кору фаъолияти ҳамаи мо. Мардуми шарфи Тоҷикистон аз ҳамкорӣ ва гузоридани лайк ҳам наҳаросед. Ин шо Аллоҳ, сухани ҳақ мисли офтоб аст ва пушонда намешавад. Раҳмонов наметавонад вечно худро ба кариву курӣ занад. Вақте ному кори ҷинояткорони ҳукумати вай ифшо ва ошкор мешаванд вай ҳади ақал барои онки бинамояд кор карда истодааст вокуниш мекунад. Агарчи барояш сахт асту дарднок вале то абад наметавонад гапи халқро нагирад. Инки шумо менависед   дар пустини вай кайк медарояд.

Ҳамчуноне барои лайк ними халқро зиндон кардан хост аммо дид ки мардум боз ҳам лайк монда истодааст. Ночор шуд онро аз қонун берун кунад. Дар ғайри сурат бояд 90 % халқро зиндон мекард. Аммо ин кор шуданӣ нест.

Ва, ҳоло меоем ба сари номаҳои фиристодаи Шумо:

Ваҳдат

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз номи худам ва аз номи сокинони шаҳри Ваҳдат ба шумо изҳори сипос менамоем. Чунки маҳз «Ислоҳ» ва барномаи машҳури «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и он ҷилави нафареро гирифт, ки метавонист шаҳри моро ба як харобазор ҷазиру расво мубаддал намояд. Давлатзода Вайсиддин, сармеъмори шаҳри Ваҳдатро аз вазифа гирифтанд. То ончо, ки шунавидем ӯро ба майдони варзишӣ ба кадом як кори ба номаш кор мансуб кардаанд. Аммо тафтишу санҷиши домҳо, ки сармеъмор иҷозат дода буд, то ҳозир давом дорад. Ошёнаҳои изофии ғайриқонуниро чаппа мекунанд. Ҳоло навбати тафтиши Идораи андоз шудааст. Бубинем, ки чи гапи наве шуд, боз бароятон навишта роҳӣ мекунем. Тими «Ислоҳ» ҳатман дар бораи вай маълумотҳои навро мефиристад.

Куала-лумпур

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Хеле зиёд фикр намудам, ки ба шумо бинависам ё нанависам. Чунки дар солҳои пеш, ҷанги бародаркушӣ мо дар ду тарафи ба ҳам муқобил қарор доштем. Ман яке аз наздикони Хуҷа –командири дар он солҳо овозадор мебошам. Солҳост, ки дар инҷо, дар хориҷ аз ватан ҳастам. Дар вақташ Хуҷаро аз Тоҷикистон худашон гурезонида буданд. Он вақтҳо аз қумандонҳои Фронти халқӣ, ки дар Маҷлиси Олӣ зиёд буданд ва нуфузи калон доштанд, метарсиданд.

Хуҷа вақтҳои ахир додани «доля» ба Раҳмоновро бас кард. Чунки дар инҷо корҳояш бо мушкил рубару шуда. Барои ҳамин ӯро розиск дода ба Душанбе бурданд. Аммо гапи ман дар ин бора нест. Гапи ман дар ин бора аст ки мо халқи Тоҷикистон набояд имкон ва шароит диҳем, ки Рустам ояд. Ба Рустам бояд бо ҳар роҳе не гуем. Зеро, ки аз ин  мардумро набояд хору залилу ноумед кард. Вақте Рустамро меоварад ин маънояш он аст ки ман халқи тоҷикро зин зада сувор шудаам, халқи тоҷик дигар никто аст. Ғулому канизи ману оилаи ман аст. Барои ҳамин набояд гузорем, ки Рустам ояд. Рустам ояд аз ҳозира вақт ҳам вазъияти мардуми тоҷик бадтар мешавад.

Саволи ман ба роҳбарони оппозитсия ин аст ки чаро тарафи дигар ҷанг як ҳаёт дар ҳукумат биистад будаасту тарафи дигари он наистад будаст?  Чаро барои вай мумкин будасту барои тарафи дигар мумкин набудаст?  Раҳмонов фақат аз номи халқ гап мезанад, мегуя, ки барои халқ бояд кор кунем. Аммо сад фоиз дуруғ мегуяд. Кӣ ҳисоб кардааст, ки  чанд фоизи халқ бо вай аст? Раҳмонов хуб медонад, ки халқ бо  вай нест. Бо вуҷуди ин ҳама сиёҳу бадномкуниҳои тарафи оппозитсия халқ бо вай нест. Чунки вай курсиро қудратро, ҳукуматро, моли мулки ватанро, тамоми дороиҳои миллатро ба яғмо бурд. Ҳозир тамоми бачаву духтарҳои вай ё дар ҳукумат ё дар бизнес. Шумо фикр мекунед, халқ ин ҳамаро намебинад? Ва халқ ин ҳамаро мебинаду Пешвову Ҷаноби оливу дигару дигар мегуяд. Халқ ин гапҳоро дар нуги забон мегуяд, дар дилаш аз инҳо безор шудааст. Ҳеҷ кас Ҷаноби олиро хуш надорад. Пешворо хуш надорад, аз афту башараву суробу сурати шкатурка ва шпатклевка кардааш безоранд. Ман дар вақташ барои ба сари қудрат омадани вай ҷанг карда будам ва аъзои Фронти халқӣ будам. Ҳозир ман мехоҳам, ки Фронти халқӣ ва Ҳизби наҳзат якҷоя шуда Раҳмонову олу авлодашро аз ҳукумат биронад, он вақт мардум осудаву обод мешавад.

Мо бояд ҷуръат, ҷасорат, шуҷоат, ғайрат ва нангу номус дошта бошем, ки халқро аз ин ҳукумати дузд наҷот диҳем. Мо бояд мардуми тоҷикро бар изат ва азамат ва шаҳомате, ки то соли 92 дошт, огоҳу ҳушёр бедор буд баргардонем. Бигузор мардум митинг ва эътироз кунад. Мо бояд эътироф кунем, ки овардани Раҳмонов бисёр ҳам хато будааст, чунки болои мардум фақат бадбахтӣ овард.

Новобаста аз ҳар шароие бояд халқ соҳиби сухан ирода бошад.

Инҳо ҳокимият ва ҳукуматро дар чашми мардум бад мекунанд.

Ҳокимият ва ҳукумати мардум ба дасти як гурӯҳи мардум расидааст. Ҳокимият ва ҳукумати мардум, ки аз даруни худи ин мардум баромада ва руидааст, бо дастони худи ин мардум бояд сохта шавад. Аммо инҳо ин тавр намекунанд ва намегузоранд ва инҳо қасду нақшаашон ин аст ки дигар ҳокимият ва ҳукумат на аз даруни мардум аз даруни инҳо биояд ва бируяд ва инҳо ҳастанд, ки меруёнанд меоваранд. Дигарҳо сазовор нестанд. Дигарҳо наметавонанд. Дигарҳо лоиқ нестанд. Онҳо ақибмондаанд. Онҳо бояд пахат кунанд. «Ба сиёсат қуш нашаванд»

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман дарунам пури гапу дард аст. Ман сахт пушаймон ҳастам.

Ҳозир як чизро гуфтаниам, ки хеле аз ҳолатҳои кушторро, ки болои Хуҷа бор карданд, заказчикаш ҳамин Раҳмонов ва роҳбарони онвақта буданд. Вале заказчики асосӣ худи Раҳмонов буд.

Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Гоҳе аз ин шаҳри ғарибӣ сайтҳои интернетӣ бароятон мақолаҳоро гирифта мефиристодам. Чанд вақт натавонистам. Як матлабро аз сомонаи СССР чанд вақти пеш гирифта ҳифз намуда будам. Аввал онро пешкаш мекунам ва сипас гапҳоямро гуфтаниам. Ин матлаб ин аст:

БОХТАР: КӮМАКИ МАН КУҶОСТ?

04.12.2024

«Салом СССР! Ман собиқадори мақомоти қудратӣ буда, солҳои 1990 – 2004 баҳри барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ҳукумати қонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахуст дар Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва баъд дар Раёсати пулиси андоз кор кардаам. 3 маротиба ҷароҳатҳои вазнини оташфишонӣ ва ҷисмонӣ гирифтаам.

Дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи ветеранҳо» аз 07.04.1995 сол тибқи моддаҳои 8-9-45-46 ба ман ва аъзои оилаам бояд дар арафаи иду ҷашнҳои давлатӣ кӯмаки иҷтимоӣ дастрас карда шавад. Аз ҷумла ман бояд аз кӯмаки доруворӣ ва хурокворӣ низ бархурдор бошам, аммо ин гуна кӯмак ба ман ҳеҷ гоҳ намерасад.

Чаро? Ба ин суол кӣ бояд посух гуяд: МИҲД н.Бохтар ва ё Агентии ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон?

Тошмат Мамедов,

ш. Бохтар,

к. Дӯстии халқҳо 38-18,

Тел: 988327461

Аз СССР: Воқеан ҳам муаллифи ин шикоят ҳамон нафарест, ки дар моҳи январи соли 1993 аввалин шуда, Байрақи Сурхро дар боми бинои ҳукумати н. Ғарм, зери тиррезии муҷоҳидину душманони давлати Тоҷикон парафшон карда буд (он замон байрақи Тоҷикистон дастраси омма набуд). Зимнан чунин қаҳрамонҳоро набояд мо имрӯз фаромӯш кунем ва ҳақро ба ҳақдор бояд расонид. Мо Метавонем!»

Ин буд он навиштаи СССР. Аммо ман чи гуфтаниам? Ман гуфтаниам, ки мо, бояд аз ин руҳия бадар шавем. Аз ҷанги мо чандин сол гузашт. Бояд ба ҳам оем ва миллати воҳид бишавем. Дигар пушти ин гапҳои беҳадф ва харобгару вайрона нагардем. Руҳиясозӣ кунем. Яъне руҳияи ягонагӣ. Нифоқу низоъу душмантарошиву хоиннавозиро бас кунем.

Мо сулҳу оштӣ кардем.

Дигар гапи куҳнаро нагуем. Бубинем, ки имрӯз вазъияти мо чи гуна аст. Бубинем, ки имрӯз ҳукумати Тоҷикистон барои кӣ кор карда истодааст? Барои мардум ё барои оилаи Раҳмонов? Бояд дар ҳамин масъала ҳамфикр бошем, ки мардум зиндагии шоиста дошта бошад, шумори муҳоҷир кам шавад. Ҳоло дар як зиндони Волгоград чи қадр тоҷикҳоро ҷамъ оварда ба зурӣ онҳоро ба ҷанги зидди Украина бурда истодаанд. Аммо ҳукумат хомуш аст. Бубинед, ки роҳбарияти Қирғизистон бо Русия чи гуна бархурд кард. Русия маҷбур шуд, ки барои қазияи таҳқири қирғизҳо дар ҳаммом комиссия давлатӣ ташкил намояд, чунки роҳбарияти Қирғизистон пофишорӣ кард ва ҳатто гуфт, ки дигар аз Русия маводди нафтӣ намехарад. Аммо мо ҳоло ҳам дар даруни миллати худ душмантарошиву душманҷуӣ мекунем. Бояд ин корҳоро бас карда дар фикри ободиву озодии мардуми худ бошем! Ва дар ҳамин руҳия худро ва руҳияи худро бисозем.

Исфара

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол ва аҳли ҳайати «Ислоҳ.ТВ».Нома аз Чоркуҳ.

Баъди қабули қонунии ҷарима барои дуздии қувваи барқ мехоҳам ба диққати  мардум ва ин ҳукумати муттаҳам исми чанд дузди инҷоро бинависам.

1.Мухтор Шаропов дар ҳавлиаш трансформатор шинонда қариб 3 сол аст, ки ба чапу рост дар як моҳ аз ҳар касе, ки сим кашида бо маблағи 400 сомонӣ пул мегирад.

2.Маҳмуд. Ин ҳам аз ҳамин куча, дар хонааш трансформатор дорад барқ мефурӯшад.

3.Лайс. Дузди калон Лайс Шаропов, раиси ҷамоатамон аст. Аз ҳисоби қисми ҳарбӣ, ки бо номи мадрасаи Салмони форс  машҳур аст барқро дуздида мефурушад. Ақалан ба 50 ё 60оилаи гирди қисми ҳарбӣ бо маблағи 200сомонӣ дар як моҳ барқ мефурӯшад ва худаш ҳамом ва чанд мағоза дорад, ки нозирҳои барқ наздик намешаванд.

4.Як дузди куҳна Умеди почакалон мебошад, ки вай аз трансформатери пиларам ба даҳҳо одам барқ мефурӯшад.

5.Ва дузди дигар амнияти ноамният аст ки дар гирду атрофи шуъба ба 10ҳо нафар барқфурушӣ дорад. Агар ҳамин гуфтаҳои ман дуруғ бошад прокурори шаҳри Исфара тафтиш кунад.

Ин нафарҳои дузд боз мегуянд, ки мардуми Чоркуҳ аз шабакаи барқ қарздор аст. Аммо ин қарзи чоркуҳиҳо не, ин ана ҳамин ҳаромхурҳо бе ҳисобкунак медузданд вале аз ноҳия мебинанду ба мардуми Чоркуҳ тобон мекунанд. Худ акнун канӣ бубинем, ки фармони пешоб иҷро мешад ё не, канӣ 10сол зиндонро аз кӣ сар мекунад.

Ана акнун ба масъалаи сарҳад мегузарем. Мо дигар чоркуҳӣ нестем, намедонам куҷоӣ гуем. Охир Чоркуҳи моро ин золим ба қирғизҳо фурӯхт, ки ҳатто ягон тепача ё баландие надорем, ки бароему нафасе кашему аз боло деҳаро тамошо кунем, мисли кудакиамон. Ба худо Чоркуҳ мисли қафас шудааст. Бо ҳама ин мушкилӣ боз бузҳои Лайс ба хонаҳои одамоне, ки ҳавлиашон ба тарафи қирғизҳо мондааст, омада ба ҳавлиат чанд сум диҳем гуфта харидорӣ карда истодааст.

Мардуми Майский боэҳтиёт бошед, ҳавлиҳоятонро нафурушед, шуморо фиреб дорад. Ба ҷои ҳавлиатон ҳавлӣ мегиред. Як Додохони кар ҳаст, ҳамаро тарс дода ин корро карда истодааст. Барои он аст ки заминҳои аз қирғизҳо грифтаро алакай бо пули калон фурӯхта истодааст. Бовар кунед, ки ин Лайс нею Ганс аст. Дар ҳар куҷа ғорат дорад.

Дар масъалаи мумфарш кардани роҳ бигуям. Аллакай 35 то 40%роҳ хароб шуд. Боз ташвиқот бурда истодааст, ки барои таъмир пул ҷамъ мекунем, дар ҳоле, ки пули асфалтзаводро надодааст. Коргарони завод мегуянд, ки суми моро диҳад мо баъд кор мекунем.

Инҷо мехоҳам дар бораи бизнеси муштараки ғайриқонунии Лайс ва кормандони амният гап занам. Ҳар шаб баъди соати 1 ва 2 аз тарафи қирғизҳо 3 то 5мошин  под охраннаи амниятиҳо молҳои хитоӣ ба мағозаи Лайс ва хешони занаш ҷиянҳояш мефурорад, меваи хушк бошад ба бозор. Канӣ прокурорҳо бинем зуратон мерасад? Агар ҳамин гуфтаҳоро тафтиш кунаду капад ман аз ҳамин минбари мардумии шумо «Ислоҳ.ТВ» эълон мекунам, ки ҳозирам бо прокуратура ҳамкорӣ кунам.

Дар бораи паспортний стол. Ин Мустақим Эгамзод аз худи Чоркуҳ аст ки ба маблағи 10 000$ба кор омад. То омадани ин нархи шиносномаи пластикӣ 180сомонӣ буд. Ҳозир ба пешаш даромадӣ мегуяд ягон ҷо намедавӣ, 600сомонӣ медиҳӣ баъди 15рӯз «мебӣ,мегирӣ,тамом». Ҳаромхурии руирост.

Началник БДА аз Чоркуҳ ба 100ҳазор сомонӣ ҷойро харид. Барои ҳамин акнун  ҳатто рақамҳои мошинҳои дар ҳавлиатон истодаро канда рафта истодааст. Меупрсӣ барои чӣ ин корро мекунӣ? Мегуяд, фармон аз боло, ки утилизатса надорад хонааш рафта номери мошинашро канда гиред.

Эй бадбахт! Чи кор дорӣ, мошин дар ҳавлӣ ҳаракат надорад. Аз ин пеш началник аз Айни буд, кор надошт. Ин бадбахт аз худамон аст вале мардумро азият дода истодааст. Ин набераи Абосаломи наркоман, падараш бугалтери кадом ташкилоти ноҳия аст. Ҳатто скутерҳоро меқапад ва то 2000сомонӣ ҷарима мекунад, Вақте ҳамроҳаш баҳсу даъвову ҷанҷол мекунӣ мегуяд, пеши раис равед, яъне пеши Лайс. Лайс занг мезанад, бо гирифтани  800 ё 1000сомонӣ ҷавоб медиҳад.

Боз як порахури дигар началники уголовни розиск аст ки гуфтааст бо 90ҳазор курсиро харидааст. Бечора баччаҳои аз Руси омадаро подстава карда, пул кандаву хурда гаштааст. Ин корҳои началник уголовний розиск ҳамааш тибқи нақшаи Лайсиддин Шаропов аст.

Гуё ба ҷои началники ШВКД- 2и Чоркуҳ одами худашро тайёр карда истодааст. Ва дар варзишгоҳи худаш қариб 50 бачаро машқи ҷисмонӣ дода истодааст. Гуё дар ягон ҳолати сар задани шуриш ин бачаҳоро ба куча барорад, чунки ҳамаи ин бачаҳо қуруқиҳо, аз маҳаллаи худи уянд. Қуруқиҳо эҳтиёт бошед, бачаҳоятонро ба машқ намонед!

Душанбе

Ассалому алайкум. Ин боз ҳам ман ҳастам, ки аз даруни ҷаласаҳои Раҳмонов маълумот мефиристам. Раҳмонов вақти таъини Рустам, интихоб нагуед, ки ягон интихоботе инҷо сурат нагирифтааст, дар Маҷлиси миллӣ гуфт (ин гапҳоро дар дигар ҷаласаҳо тов додаву печонидаву аз дур овардаву буру дуз карда мегуфт вале ин бор руирост амр дод, ки «давай ба умеди бюҷету ҳукумат нашавен, руйхат кунен сохибкоротона, кӣ дар Россия, кӣ Қазоқистону дигар  ҷойҳоянд, кор кнен қатишон. Намоненшон. Шумо намекнен, мухолифо истифодашон мебаранд. Хусусан бачаҳои минтақаи Рашта. Раиса, ваъдаҳота фаромӯш кади???!!! Аллакай бисёриҳош бо ҲНИТ ҳамкорӣ доранд. Ман ба КДАМ амр додам, ки муайян кунанд. Кор кунед бо соҳибкоротон, обод кунед, ватан ватани ман тоқа нест.. аз шумо ҳам ҳаст…  пойтахта обод кнен»…

Бародар Муҳаммадиқбол! Ин гапҳои Раҳмонов баъди кушта шудани камераҳо гуфта шуд. Чун ҳарвақт дар пеши камера дигар гап мезанаду баъди кушта шудани он гапи дигар-гапи асосӣ, гапи дилашро мезанад.

Аммо аз соҳибкорони оилаи худаш гап намезанад. Миллионҳо доллар через онҳо тоб мехурад.

Бародар ин маълумотҳоро ин бор ман тасодуфан шунавидам. Раиси Рашт вақти аз ҷаласа баргаштан дар роҳ ба ронандааш ҳикоят кардааст. Ронандаи раиса хеши худаш аммо рафиқи наздики ман мебошад.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №237 появились сначала на ISLOH.net.

«Пешво» аз паси «Элбасӣ» Ин шо Аллоҳ хоҳад рафт!!!
Поёни шармовару фоҷиабори даврони раҳбарии тулонии Нурсултон Назарбоев, бунёдгузори режимҳои худкома дар паҳнои мусалмоннишини шӯравии пешин аз ончики интизораш мерафт, зудтар рух дод. Вале аз қабл маълум буд,ки як рӯз не як рӯз, ин низоми зиддидемокративу зиддихалқӣ бо ҳамин тарзу бо ҳамин шева, бо рехтани хуни халқи қазоқ ва ба азову мотам нишондани мардум сарнагун хоҳад шуд. Чунки Назарбоев ҳам ба мисли Муаммар Қаззофӣ, Бен Алӣ, Умар Ал-Башир ва даҳҳову садҳо дарозумрони сиёсии худкома ҷойи баромадагии худ, кӣ будани худ ва олу авлоди худро фаромӯш карда, халқро дигар ба ҳисоб нагирифт.

Вай ба як Диктатори аз ҳадду марз хориҷшуда ва дар чавкоти ҳеҷ як қонун намегунҷида бадал шуда худро то ба сатҳу дараҷаи Худо (наузамбиллаҳ) иртиқо дода буд. Курсиву қудрат ба он дараҷа чашмонашро кӯр карда буд, ки як вақтҳо дар тамоми дунё барои вай доруи абадият суроғ карданд. Дарозумрони сиёсии олами имрӯз, ки яке аз онҳо ҳамин Назарбоев мебошад дар рӯи ҷогаҳ ва орому осуда ҷон надоданд, интиҳои онҳо ҳамин гуна рӯсиёҳиву шармандагӣ аст.

Ҳоло Назарбоев шукр бояд кунад, ки хонаву дарашро насӯхтанд ва худашро накуштанд.

Ин ҳамин Назарбоев буд, ки худро Элбасӣ -Пешвои миллат хонд, Қонуни Асосиро иваз карду худро то ба ҳамин имрӯз дар раъси қудрат ҳифз намуд, кеши шахсияташро дар Қазоқистон татбиқ кард ва ончуноне ҳам гуфтем ба сатҳу дараҷаи нимахудоӣ ва ҳатто  наъузубиллоҳ худоӣ расид.

«Ва, дигарҳо, аз ҷумла ҳамин «сарқотили миллати тоҷик»-и ,ки ин ибораро Шодмон Юсуф дар суханрониҳо ва навиштаҳояш истифода менамуд,ки Эмомалӣ Шариповичро дар назар дошт,ки дақиқан дар пайравӣ аз Элбасӣ худро Пешвои миллат эълон карду Қонуни асосиро борбор тағйир доду ҳоло баҳузур пояшро дароз кардааст,ки «модомулумр» асту баъди мурданаш ҳам Рустаму Озодаву инак боз Рухшона бар болои ин миллат ҳукумат меронанд.»

Пойтахти давлат ба номи вай, фурудгоҳ ба номи вай, ҳайкалу ҳайкалчаҳои қатору бешумори вай, хиёбонҳо ба номи вай. Халқи Қазоқистон аз як дарди сари бузург, аз як балои ҳамеша болои сар овезон. Аз як бемории саратонӣ раҳо шуд, ки раҳоияшро мо табрику таҳният мехонем. Вале, инҷо боз афроде мутамаллиқу хушомадгӯву байзамоле амсоли Абдуллоҳи Роҳнамо ҳастанд, ки айни замон ҷомаи сӯгворӣ бар тан кардаву ашки ҳасрат мерезанд, ки «даврони назарбоевӣ» ба поён рафт:

«Нақшу хидматҳои Н.Назарбоев дар таърихи давлатдории муосири қазоқҳо ниҳоят муҳим буда, ҳеҷ “инқилоб” ё таблиғоти сиёҳи сиёсию иттилоотӣ наметавонад, ин воқеиятро инкор намояд. Бо вуҷуди камбудҳои мушаххаси даврони фаъолияташ, ӯ дар маҷмуъ, барои халқу давлаташ хизмати азими таърихӣ анҷом дода, дар ҳақиқат бунёдгузори давлатдории навини қазоқҳо мебошад».

Ин ҷумла иқтибос аз навиштаи ахири Роҳнамо дар робита ба ҳаводиси Қазоқистон аст. Роҳнамо аз Назарбоеви ҳамакнун ба кайфари аъмолаш расида ҳамчун “лидери минтақавӣ”, “татбиқкунандаи модели муваффақи мудирият” тавсифу тамҷид кардааст. (Ба назари ман намуд, ки Роҳнамо ин ҳама тамаллуқу хушомадҳоро ба номи Назарбоев оварда аммо дар асл Эмомалӣ Раҳмонро дар назар дорад).

«Хуб, бигзор, ҳамин тавр ҳам буда бошад: «нақшу хидматҳои Н.Назарбоев дар таърихи давлатдории муосири қазоқҳо ниҳоят муҳим». Барои ҳамин бояд вай аз сари қудрат наравад? Барои ҳамин вай бояд худро аз бақияи халқи қазоқ боло бигирад ва Қонуни асосиро барои шахси худаш тағйир диҳад, ҳайкал гузорад ва худро Пешво эълон кунад?»

Барои ҳамин вай бояд духтару домоду ҷияну додару аҳлу авлодашро ба ҳукумат оварда соҳиби сарвату молкияти миллиарддолларӣ кунад?

«Нақшу хидматҳои Н.Назарбоев дар таърихи давлатдории муосири қазоқҳо ниҳоят муҳим» , аммо аз кадом ҳисоб? Аз ҳисоби мероси падару бобояш, аз ҳисоби захоири тилло ё газу нефти хусураш.ки ба ӯ мероси аз ҳамсараш монда?  Ё аз ягон ҷое дигар, аз ягон кишвари дигар оварду барои қазоқҳо сохт? Ончи кард аз ҳисоби молу сарвати худи халқи қазоқ кард!  Ё нодуруст мегӯям? Агар бо мантиқи роҳнамоҳо сӯҳбат ва ҳисобу китоб намоем, онкчики Назарбоев барои қазоқҳо кард, кам аст. Чунки вай ба ҷойи ҳадди ақал 7 нафар дар қудрат истод, «истодагӣ» кард, мӯҳлати раёсати ҷумҳурии 7 нафарро гирифт. Мебоист 7 баробари ончики то имрӯз кард, мекард. Яъне на як Остона, ки иваз карду ба номи худаш монд, мебоист 7 Остонаи нав месохт. Барои халқаш 1 Остона сохту барои духтару домоду ҷияну бародарҳояш пули 7 Остонаро дуздид. Дар расонаҳои олам исми Назарбоев ба унвони як ғоратгари моли қазоқҳо на як бору ду бор дарҷ шудааст ва дар бораи қасру кӯшкҳои миллиондолларии вай ва духтару домодҳояш дар кишварҳои аврупоӣ низ навиштаҳои фаровоне чоп шудаанд. Бар фарзе 7 қазоқи дигар тӯли ин беш аз сӣ сол дар Қазоқистон роҳбарӣ мекарду ҳамаи онҳо мисли Элбасӣ медуздид, ба халқи қазоқ чи мерасиду чи мемонд? Чаро Роҳнамо ва роҳнамоҳо ин тарафи мудрияти Элбасиву Пешвоҳои дигарро намебинанд?

«Дар расонаҳо хабаре чоп шуд, ки дар шабу саҳари ҳодисаҳои Қазоқистон танҳо 4 миллиардери қазоқи наздики Элбасӣ ба шумули духтару домоди Назарбоев 4 миллиард доллар зарар диданд. Ҳамин аст «нақшу хидматҳои Н.Назарбоев дар таърихи давлатдории муосири қазоқҳо»? ва ҳамин аст «лидери минтақаӣ» ва ҳамин аст «Элбасӣ-Пешвои миллат»? «

Аз ҳамин ҷо аст ки поёни сарнавишти ин элбасиҳо, ин пешвоҳо  яксону якранг аст. Онҳое, ки мегӯянд такрори ҳаводиси Қазоқистон дар бархе аз кишварҳои шӯравии пешин ногузир аст, беҷиҳат ва бедарак ҳарф намезананд. Чунки сабаб ва иллати дар они воҳид ба эътирозу гирдиҳамоӣ даст задани одамон дар Қазоқистон на дар як солу ду сол, балки солҳои сол ҷамъ шудааст. Кӯр бояд буд, ки ин ҳамаро диду дарк карду вале саъй кард, ки онро бори террористҳову хадамоти махсуси дигар кишварҳо кард ва хеле ҳам ноҷавонмардона ва ноинсофона ба авомили берунӣ рабт дод. Гаронии қиммати бензин як ангезае, як тагдаргироние беш набуд. Чуноне як сабзавотфурӯш дар Тунисмавҷи эътирозҳоро ба бор оварду давлти Бен Алии диктаторро сарнагун кард. Мардуми Қазоқистон аз онки Нурсултон Назарбоев, беш аз се даҳа дар қудрат истодаву ҳатто баъди супоридани курсии раёсати ҷумҳурӣ курсии қудратро насупорид, ба ҷон омада буд:

«Пирамард рав». Ин садо садои Карим Масимов, раиси КАД-и Қазоқистон набуд, ки ҳоло ба ҳайси табаддулотгар дастгир шудааст. Ин садои халқи қазоқ буд, ки ба муҷарради фаро расидани шароит аз гулӯяш берун ҷаҳид.

Ҳузури ғайриқонунӣ, ҳузури то дами марги Нурсултон Назарбоев, ин диктатори бераҳму шафқат ва ба ҳазорҳо фарсах дуршуда аз воқеияти ҳаёту зиндагии халқи қазоқ буд, ки онҳоро бар алайҳи вай бишӯронду ба бораву барзан, ба майдонҳо ва ба хиёбонҳо овард. Кандани ҳайкали Назарбоев кандани ҳайкал, кандани даврони як диктатор буд, ки ин ҳама муддат халқи қазоқро ба ҳисоби одам нагирифт. Дар гардани ҳайкали вай андохтани ресмони оҳанӣ аломати кафондану рондани буғзу алами халқи қазоқ буд, ки тӯли беш аз се даҳа ҳузури вай ва ҳукумати вайро мурда-мурда таҳаммул мекард ва интизори як чунин рӯз «рӯзшуморӣ» мекард ва ончики ман мегӯям кадом “таблиғи сиёҳ”   нест ва «қазоқистони назарбоевӣ» ҳиҷ кишвари улгӯ ва намуна набуд ва хатму анҷоми он бар манфиати на танҳо мардуми қазоқ бар суди халқҳову кишварҳое ҳаст, ки ҳамин ҳоло ҳам бо сад азобу азият султаи Диктатори дигареро тоқат карда истодаанд.

«Варианти қазоқӣ кайе набошад  дар Туркманистон, дар Тоҷикистон ва дар Озорбойҷон такрор мешавад. Ангеза ва замина вуҷуд дорад. Онро кӣ таҳрик медиҳад: ФСБ, СРУ ё МИ-6 ё Моссад ва ё ҳар ниҳоди ҷосусии дигар, гапи дигар аст. Дастак ва асос дар дохил аст.»

Агар вазъият ва ҳолати мардум дар ин кишварҳо хуб бошед ҳеҷ қувваи хориҷӣ манзур таҳрикҳоро дар назар дорам ва ҳеҷ қувваҳои сиёсии дохили ҳеҷ номаъқулие кардан наметавонад. Аммо мусиббат инҷо дар он аст,ки ин ҳама аз вазъи дохили кишвар сарчашма мегиранд. Ҳоло ҳам имкони тағйири вазъро то ҷое «пешво» дорад. Аммо на бо роҳи зурӣ ва зиндонкардану куштану бадарға карданҳо.

Ҳузури тулонии Назарбоев барои мардуми қазоқ таҳаммулшикан буд, ҳамчуноне барои мардуми кишварҳои давру бари он ба шумули Тоҷикистон, чунки ин диктаторҳои солҳои сол дар қудрат кафшершудаи бешарму бешараф на танҳо сарвату давлати мансубу мутааллиқи халқҳоро гирифтаанд, онҳо ихтиёри мардумро гирифтаанд, иродаи мардумро шикастанд. Назарбоеву Раҳмону дигару дигар диктаторҳо халқро ба ҳукми рама, пода ва гала меҳисобанд, халқро одам намеҳисобанд. Одам ба назари онҳо фақат худи онҳо ва наздикони онҳост. Дигарҳо ғулому бардаву бандаву канизи онҳоянд. Аз ҷумла ҳамин абдулло роҳнамоҳо ҳам рисолат ва миссияашон айни як ғулом ва як барда аст, ба ин фарқ, ки ғулом ва бардаҳои дигарро таскин ва тасалло ва фиреб диҳанд.

Ин ҳузури ниҳоят тулонии Назарбоев буд, ки халқҳоро ба эътироз баровард.

Қазоқистон кишвари мисли Тоҷикистон ва Қирғизистон фақиру содиркунандаи қувваи корӣ-муҳоҷирони меҳнатӣ нест. Қазоқистон ба муҳоҷирони кори тоҷику қирғизу узбак ҷойи кор медиҳад. Вале ин ҳузури тӯлонӣ, дилбазан, ҷонкоҳ ва хастакунандаи Назарбоев буд, ки тазоҳурот барпо шуд.

Мардуми қазоқ ин бор хесту гуфт, ки бас!  Мо бо завқу табъи ту зиндагӣ намекунем! Бас аст!

Назарбоев болои мардум дикта мекард, на раҳбарӣ. Вай амир ва шоҳ буд на раиси ҷумҳурӣ. Ҳамачиро вай муайян мекард. Коре, ки бо низоми ҷумҳурият, бо меъёрҳои мардумсолорӣ мувофиқат намекунадро мекард. Шояд вай Қазоқистонро аз хоки сияҳ сохту «байналмилалӣ» кард. Аммо вай халқро ба ҳисоб нагирифт. Вай Остона сохт, вай аз хатари эҳтимолии даъвои марзии русҳо ҷилавгирӣ кард, аммо вай халқро ба ҳисоб нагирифт, писанд накард, одам нашумурд. Вай гуфт ҳама чиз ман ҳастам, оилаи ман аст, домодҳои ман аст, духтарҳои ман аст. Хулоса ҳама чиз ман аст ва Қазоқистон ҳам аз ман аст ва шумо ҳам азони ман мисле, ки гандум аз ман аст, газ аз ман аст уран ва нефту газ аз ман аст, шумо халқи қазоқ ҳам моли манед.

«Панҷгонаҳо, ҳафтгонаҳо, салафиҳо, ихвониҳо», ки Роҳнамо дар Қазоқистон ифшо кардааст ва боз ҳам «дин»-ро газидаасту мазаммат кардааст, дурӯғе беш нестанд. 20.000 террорист,яъне чӣ?Агар 20.000 террорист буд, чи тур тавонист, ки онҳоро хунсо кунад?  Авввал 20 ҳазор президент Тоқаев дар твитераш навишт ва он навишта ҳазф шуду ғайб зад. Баъдан ин адад 8 ҳазор шуд боз яксаду шасту ҳашт нафар шуд .Вақте мепурсанд ҷасадҳо куҷоянд ношармида мегӯяд президент,ки мурдаҳо аз могҳо фирор кардаанд. Пас, онҳо террорист буданд ё артист? Мурдаҳояшон аз моргҳо гурехтаанд. Аҷаб аст. Ҳоло ҳар баду балое, ки ҳаст болои халқи қазоқ бибандед, доишӣ ҳам гуфтед, аммо дониста бошед,ки бо худро фиребидан наметавонед халқро бифиребед.

«Дар рафтани Назарбоеви диктатор ашки ҳасрат нарезед. Онҳо бо ҳамин минвол мераванд, чун риштаи ҷони онҳо бо пои устал-курсиашон баста шудааст.»

Агар хелло хоҳед касе барои бақои «пешво» гиря кунад Мулло Абдурраҳим Каримовро даъват кунед мардак барин гиря мекунад. Аз тани ҳамаатон ҳам хуб гиря мекунад ва дилатон реш мешавад. Аммо мардум барои бақои «пешво» дандон газида истодаанду лаҳза шуморӣ доранд.

Бояд каҷ шишту рост гуфт, ки давлат он вақт обод мешавад, ки ҳама дар он саҳм дошта бошад. Ин тавр набояд бошад, ки давлат барои як оила, масалн Назарбоев Раҳмонов туйхона барои боқии халқ мотамсаро бошад.

«Халқ фақат қурутову оталаву шӯламошак хураду Назарбоеву Раҳмон барракабобу оши якбаяк ва сихкабоби тахтачаи хуҷандӣ, намешавад. Мешавад, як сол ду сол, даҳ сол хуб инак сӣ сол….вале дидем, ки «модомулумр» не. Як рӯз ҳама чиз чапа мешавад ва дигарбора ба ёди шакарови боолича мешаваду ҳаваси шира ба ҷирғот омехта карда хӯрданро мекунад.»

Ҷаҳон дигар шудааст, одамҳо дигар шуда истодаанд. Мардум то қиёмат Нурсултону Эмомаливу Даригаву Озодаву Кулибоеву Нуралиеву Алияву Рухшонаро тамошо кардаву қарсакҳои пурмавҷу давомдор зада  намешинад. Тарсу ҳарос ҳам як рӯз не як рӯз аз байн меравад. Ҳамин ҳамсояи Эмомалӣ Раҳмонов хуб медонист, ки ӯ кӣ буд. Вай аз ҳад гузаронида буд, аз худ рафта буд.

«Ман аз кори роҳнамоҳо дар тааҷҷуб мешавам, ки вақте ин ҳамаро мебинанду медонандуу аммо намегӯянду баракс тамоман дигар чиз менависанд, дигаргуна тафсиру тавҷеҳ мекунанд. Аммо вақте мо мегӯем, ки ту як косалес, ту як маддоҳи беномусу бешараф, ту як мағзобамафкура, ту як пасоби замини пахта , ту шошаи фермаи гов, ки бӯйи бад мекунадастиву бас, қаҳраш мекунад. Чун ту дидаву дониста ноҳақро, номардро, дуздро, душманро ҳақ, мард, сӯфӣ ва дӯст ҷилва дода истодаӣ.»

Ҳатто ҳамин Қосимҷомарт Тоқаев дар охири охирон кафиду гуфт, ки Назарбоев олу авлодашро аз ҳисоби халқ бой кард. Дастур дод, ки ташкилоти духтари Назарбоевро бубанданд. Фикр мекунед ин тақдири нангин ба сари Эмомалӣ Раҳмонови “пешво”ят ва  “девлатмеҳварат” такрор намешавад. Худоро гувоҳ мегирам, ки ҳолу рӯзаш бадтар аз ин бадбахт хоҳад шуд. Ҳатмани ҳатман роҳи пулакӣ бепул мешавад!!!…

Таҳлилҳои дигари Ислоҳро дар пасманзари ҳодисоти Қазоқистон интизор бошед,ҳатман бархоҳем гашт ва боз ҳам соддатар мефаҳмонем,то гули Роҳнамоҳо ва дурӯғпардозону «давлатмеҳваракон»ро нахуред ва нохудогоҳ ашк нарезед)))

Сообщение «Пешво» аз паси «Элбасӣ» Ин шо Аллоҳ хоҳад рафт!!! появились сначала на ISLOH.net.