Архивы Қирғизистон - ISLOH.net

Гирдоби ҷаҳонӣ ва сарнавишти тоҷикон: «аз Украина то Ғазза, аз Маскав то Брюссел»
Аз Украинаи ҷангзада то Ғаззаи хунин, аз таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия то сиёсатҳои нав дар Осиёи Марказӣ ва Аврупо-ҷаҳон ба гирдоби бесобиқа меафтад. Тоҷикистон, заъифтарин иқтисоди минтақа, дар банди вобастагиҳо қарор дорад. Ҳушёрӣ, ваҳдат ва талаби истиқлолият ягона роҳи наҷоти миллат аст.

Украина ва Русия: ҷанги тӯлонии номаълум

Ҷанги Русия ва Украина, ки аз моҳи феврали соли 2022 оғоз ёфт, то ҳол ба анҷом нарасидааст. Русия дар ҳоли ҳозир тақрибан 20% қаламрави Украина-ро таҳти назорат дорад: вилояти Луганск, бахшҳои зиёди Донетск, қисмати ҷануб ва Қрим.

Ҳамлаҳои ҳавоӣ ва дронӣ ҳар ҳафта идома доранд. Дар сентябри соли 2025, барои аввалин бор Полша як дрони русиро суқут дод-ин аввалин оташкушоии мустақими НАТО алайҳи техникаи Русия буд (Reuters, 10.09.2025). Ин нишонаест, ки ҷанг метавонад аз марзи Украина ҳам берун шавад.

Оқибатҳо барои тоҷикон:

Зиёда аз ду миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳастанд.

Маблағҳои интиқолии онҳо то 40% ММД Тоҷикистон-ро ташкил медиҳанд.

Ҳар фишор ба иқтисоди Русия мустақиман ба зиндагии тоҷикон таъсир мерасонад.

Таҳримҳои Ғарб: аз 18 баста то интизори 19-ум

Иттиҳодияи Аврупо

То имрӯз Иттиҳодияи Аврупо 18 бастаи таҳримӣ зидди Русияро тасдиқ кардааст.

Пакети 18-ум (18 июли 2025) бахшҳои молӣ, низомӣ ва энергетикиро ҳадаф гирифт:

Нархи нафти Русияро аз $60 то $47,6 поин овард (Guardian, 18.07.2025).

Ба рӯйхати «ҳавзи сояӣ» 105 киштии дигар илова шуд ва шумораи умумӣ ба 444 киштӣ расид (DLA Piper, 2025).

Корхонаҳои ҳарбӣ ва бонкҳои нав таҳти таҳрим қарор гирифтанд.

Ҳоло баррасии пакети 19-ум идома дорад, ки метавонад ширкатҳои чинӣ ва миёнаравонро ҳадаф бигирад (Reuters, 10.09.2025). Албатта ин пакет шомили кишварҳои осиёӣ ҳам мешавад,ки вазъияти хело вахимро вахимтар мекунад.

Амрико

Иёлоти Муттаҳида таҳримҳоро идома медиҳад. Президенти кунунӣ Доналд Трамп (сентябри 2025) гуфт, ки мумкин аст ба кишварҳои мисли Чин ва Ҳиндустон, ки аз Русия нафт мехаранд, гумруки калон ҷорӣ шавад (Bloomberg, 09.09.2025).

Таъсир ба Русия

Соли 2022 иқтисоди Русия 2,1% коҳиш ёфт (CSIS, 2024).

Сипас Маскав иқтисодро ба шакли «иқтисоди ҷангӣ» бурд: истеҳсолоти низомӣ боло рафт, корхонаҳо ба эҳтиёҷоти ҷанг мутобиқ шуданд.

Бо вуҷуди ин, таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки Русия аз ҳисоби нархбандиҳо ва маҳдудиятҳо ҳар рӯз то $152 млн доллар зарар мебинад (arXiv, 2022).

Дастрасӣ ба технологияҳои пешрафта маҳдуд аст ва Маскав маҷбур аст аз Чин ва дигар кишварҳои миёнарав ворид кунад (CFR, 2024).

Таъкидҳои мақомҳои Украина: Шӯрои генералӣ (General Staff of Ukraine) эълон кардааст, ки аз оғози ҷанг то кунун, талафоти нерӯҳои Русия-қисман кушташуда ва маҷруҳшуд- аз 1 миллион нафар гузаштааст; аз ин шумора 628,000 нафар дар соли гузашта танҳо ба қайд гирифта шудаанд.

Манбаъҳои ғарбӣ ва мутахассисон: Масалан, Вазорати дифои Бритониё (UK MoD) хабар медиҳад, ки талафоти Русия-кушташуда ва маҷруҳшуда-беш аз 1 миллион нафар расидааст  .

Инчунин, маркази таҳқиқотии CSIS натиҷаи таҳқиқоташро ин тавр хулоса кардааст: тарафи Русия ба тахминан 950,000 нафар талош кардааст, аз онҳо 250,000 нафар кушта шудаанд ва боқимонда маҷруҳанд  .

Статистикаи муҷаввизи 2025: Ҳамчунин-истилоҳи 1 миллион талафот марбут ба матлабҳои таҳлилии ҷанг дар миёнаҳои соли 2025 мебошад, ки аз ҷониби таҳлилгарон ва мақомоте мисли Украина истифода шудааст

Ховари Миёна: Ғазза ва оташи ҷанги бузург

Фоҷеаи Ғазза ҷаҳонро такон дод. Ба гузориши The Gurdian Таҳлилҳои мустақил, аз қабили таҳқиқотҳои дар Lancet нашршуда, нишон медиҳанд, ки шумораи қурбониён 40 % бештар аз омори расмӣ аст, масалан то июни 2024 аз ~46 000 расмӣ ба ~64 260 расидааст.

Омори аз манбаъҳои дигар, аз ҷумла Wikipedia, рақами умумӣ-ҳам шоҳидони мустақими ҷанг ва ҳам қурбониёни ғайримустақим, то 66 700 нафар кушташударо нишон медиҳад, ки аз ин 64 739 нафар фаластинӣ ва 1 983 нафар исроилиҳо мебошанд.

Боз як таҳлили дигар ҳаст, ки дидаву дониста бо шуморҳои ғайрирасмӣ ҳамкорӣ мекунад: як манбаи илмӣ дар medRxiv пешгӯи мекунад, ки то январ 2025 дар Ғазза ~84 000 нафар кушта шудаанд (ин рақам аз шумораҳои травматикӣ ва ба ҳисоби қурбониёни гуруснагӣ ва беморӣ баробар аст)

Метавон хулоса кард, ки шумораи қурбониёни ҷанг дар Ғазза аз октябри 2023 сар карда, ҳоло ҳадди ақал аз 64 000 нафар гузашта, хоҳ ба қавли манбаъҳои расмӣ ва хоҳ таҳлилҳои мустақил бошад.

Эрон ва гурӯҳҳои шиамазҳабӣ (Ҳизбуллоҳ, Ҳусиҳо) ҳушдор медиҳанд, ки ҷанг густариш меёбад. Ин вазъ метавонад ба як ҷанги бузурги минтақавӣ табдил ёбад.

Барои Тоҷикистон:

Ихтилофоти мазҳабӣ метавонад ба ҷомеаи мо низ сироят кунад.

Наздикии Афғонистон ва робитаҳои Тоҷикистон бо Эрон хатарҳои амниятиро зиёд мекунанд. Шаҳрвандони мо аз ин танишҳо сахт бояд ҳазар кунанд.

Аврупо: байни ҷанг ва муҳоҷират

Аврупо имрӯз бо ду мушкил рӯбарӯ аст:

Аврупо ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо (ИА) аз оғози ҷанги Русия алайҳи Украина то имрӯз зиёда аз 118 миллиард евро кумак расониданд, ки ин кумак дар бар мегирад:

Иқтисодӣ, низомӣ, ва гуманитарӣ-баъзе манобеъ рақамро “беш аз €118 млрд”низ мепиндоранд  .

Муҳоҷират: Аврупо бо вуруди садҳо ҳазор муҳоҷир рӯбарӯ шудааст. Танҳо дар Олмон соли 2023 зиёда аз 35 ҳазор тоҷик сабти расмӣ шуданд (Eurostat). Аз ин адад 12 ҳазорашон иҷозати иқомати расмиро ба даст овардаанд.

Дар Бритонё тибқи омори Joshua Project, гурӯҳи тоҷикон дар дар ин кишвар ҳамагӣ 5 100 нафар ҳисоб шудааст.

Дар Фаронса бошад тибқи маълумоти оморӣ миёни 1200 то 1500 шаҳрвандони Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд.

Барои тоҷикон:

Аврупо имкони зиндагии нав ва амниятро медиҳад.

Аммо сиёсати муҳоҷират сахттар мешавад. Тоҷикон бояд мутобиқ шаванд ва қонунҳои ҷомеаи мизбонро риоя кунанд.

Осиёи Марказӣ: роҳҳои гуногуни ҳамсоягон

Қазоқистон

ММД: ~225 млрд доллар (2023).

Қасим-Жомарт Токаев дар СММ (сентябри 2022):

«Қазоқистон истиқлолият ва тамомияти ҳар як кишварро эҳтиром мекунад. Мо эътироф кардани минтақаҳои ишғолшударо намепазирем.»

Остона мекӯшад миёнарав бошад ва ҳам бо Русия, ҳам бо Ғарб ва Чин ҳамкорӣ кунад.

Узбекистон

ММД: ~90 млрд доллар (2023).

Шавкат Мирзиёев (декабри 2022):

«Узбекистон сиёсати бетарафиро идома медиҳад. Мо ба ҳеҷ як низоъ ҳамроҳ намешавем ва роҳи дипломатиро дастгирӣ мекунем.»

Узбекистон сиёсати бисёрсамтиро пеш мебарад: бо Туркия, ИМА, Аврупо ва Чин ҳамкорӣ мекунад ва аз вобастагӣ ба Русия канора мегирад.

Қирғизистон

ММД: ~14 млрд доллар (2023).

Содир Жапаров (2023):

«Мо узви ЕАЭС ва СПАД ҳастем, аммо дӯстии худро бо Туркия, Чин ва дигарон низ қадр мекунем.»

Қирғизистон вобаста ба Русия боқӣ мемонад, вале мекӯшад роҳҳои дигарро боз нигоҳ дорад.

Тоҷикистон

ММД: ~11 млрд доллар (2023).

Қарзи хориҷӣ: ~3,2 млрд доллар, беш аз нисфаш аз Чин.

Эмомалӣ Раҳмон (2023):«Русия барои мо шарики стратегӣ ва кафили амният аст.»

Тоҷикистон вобастаи шадиди Русия ва Чин аст ва сиёсати хориҷии мустақил қариб,ки вуҷуд надорад.

Раҳмонов ва беғамии маргбор нисбат ба шаҳрвандон

Тоҷикистон имрӯз зери ҳукумати хонаводагии Эмомалӣ Раҳмон ба як кишвари нотавон ва бепаноҳ табдил шудааст. Ҳама чиз-аз иқтисод то сиёсат, аз тиҷорат то ҳокимият-дар дасти як хонавода монополия шудааст.

Ҳукумати хонаводагӣ ва тиҷорати оилавӣ

Дар ҳоле ки мардум аз бекорӣ, камбизоатӣ ва муҳоҷират ранҷ мебаранд, тамоми сарватҳои кишвар ба дасти аъзои оилаи Раҳмон афтодааст. Аз калонтарин ширкатҳои давлатӣ то содироту воридот -ҳама чиз дар ихтиёри фарзандон, домодон ва наздикони Раҳмон аст. Миллат ба як манбаи даромад барои як хонавода табдил дода шудааст.

Бе барқ дар сармо ва гармо

Ҳатто ниёзи аввалин «барқ» барои мардум таъмин нест. Дар сармо ва гармо мардум ҳафтаҳо бе барқ мемонанд, ҳангоми он ки хонаводаи ҳоким дар қасрҳои пурнури худ зиндагии шоҳона доранд.

Хомӯш кардани ҳар садои эътироз

Дар чунин вазъият, ҳар кӣ ҷуръати баланд кардани садо мекунад, саркӯб мешавад. Мухолифону озодандешон зиндониянд, рӯзноманигорон таҳқир мешаванд, ҷомеа таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Ҳеҷ шаҳрванд ҳуқуқи озодона садо баланд карданро надорад.

Сафоратҳо-маркази тиҷорат, на ҳимоят

Ҳазорон муҳоҷири тоҷик дар Русия ва кишварҳои дигар таҳқир мешаванд, кушта мешаванд, азият мекашанд. Аммо сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон ба ҷойи ҳимоя, танҳо маркази пулкорӣ шудаанд. Ҳар шиноснома, ҳар ҳуҷҷат бо пора ва ришва ҳамроҳ аст.

Эмомалӣ Раҳмонов ҳукумати худро ба як корпоратсияи хонаводагӣ табдил додааст, ки мақсади он танҳо нигоҳ доштани қудрат ва ғанӣ кардани оила аст.

Мардум бошанд, бе барқ, бе кор, бе ҳимоят ва бе овоз мондаанд. Ҳар садое, ки аз миллат барояд, дар ҳол хомӯш карда мешавад.

Тоҷикистон зери ин ҳукумат на давлат аст ва на сарпаноҳи шаҳрвандон-балки маҳбаси бузурге барои миллат аст.

Паёми мустақим ба шаҳрвандони Тоҷикистон

Ҷаҳон имрӯз пур аз ҷанг, таҳрим ва нооромист. Украина хунрезист, Ғазза зери оташ месӯзад, Аврупо зери фишори ҷанг ва муҳоҷират, Русия таҳти таҳрим, Осиёи Марказӣ роҳҳои гуногунро меҷӯяд.

Қазоқистон роҳи миёнаравиро интихоб кард.

Узбекистон бо сиёсати бисёрсамтӣ истиқлолияти худро ҳифз мекунад.

Қирғизистон вобаста аст, вале мекӯшад роҳҳои дигарро боз нигоҳ дорад.

Тоҷикистон бошад, заъифтарин ва вобастатарин боқӣ мондааст.

Агар мо тоҷикон ҳушёр набошем, бозичаи қудратҳо мемонем. Агар муттаҳид набошем, тақдири мо ба дасти дигарон мемонад.

Паём равшан аст:

Огоҳӣ ва озодандешӣ вазифаи ҳар як тоҷику тоҷикистони аст.

Ваҳдат ва канорагирӣ аз тафриқаи мазҳабӣ ва сиёсӣ — шарти зинда мондани миллат аст.

Ҷустуҷӯи роҳҳои нави бурунрафт аз ин варта ҳушёрӣ ва иқтисод-кафили наҷоти оилаҳо ва ватан аст.

Талаби ислоҳот ва сиёсати зираконаи мустақил-ягона роҳи истиқлолияти воқеии Тоҷикистон аст.

Тоҷикистон бояд аз вобастагӣ раҳо шавад. Тоҷику тоҷикистонӣ бояд соҳибони ҳақиқии сарнавишти худ гарданд.

Сообщение Гирдоби ҷаҳонӣ ва сарнавишти тоҷикон: «аз Украина то Ғазза, аз Маскав то Брюссел» появились сначала на ISLOH.net.

Бахшиши ғайримунтазира ва бесобиқа
Ҳазорҳо сокини Тоҷикистон сахт интизор буданд, ки ба муносибати 30 солагии қабули Қонуни асосӣ қонуни афв дар моҳи ноябри соли 2024 қабул хоҳад шуд. Аммо Раҳмонов ин қонуни асосиро қабул накард. Дар ҳоле, ки ҳадди ақал дар бист соли ахир ҳар се сол қонуни афв қабул мекард ва афви охири қабулшуда ҳам дар соли 2021 буд ва бемалол метавонист, ки дар 2024 қабул кунад. Аммо накард. Чунки дар зиндонҳо афроди зидди сиёсатҳои Раҳмонов ва онҳо, ки то уфтодан дар зиндон намоз намехонданд, намозхон шуданд, зиёд шудааст.

Барои ҳамин фармони афви Раҳмонов, ки чанд рӯзи пеш содир шуд ғайриинтизор буд ва дар ҳақиқат собиқа надорад.

Чаро Раҳмонов бахшиш кард?

Имзои фармони бахшиши Раҳмонов, агарчи баъди файсалаи баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон сурат гирифт ба он муртабит нест. Имзои ин фармон баъди анҷоми сафари вай ба Маскав сурат гирифт. Матбуоти русӣ навишт, ки дар ин сафар масъалаи Рустам ва интиқоли қудрат аз падар ба писар ҳал шудааст ва гуё Путин ризоият додааст, ки Раҳмонов нақшааш дар бораи овардани Рустамро ба иҷро дароварад.

Раҳмонов бо ин бахшиш хурсандиашро ошкор кард ва пинҳон надошт, ки Путин ба овардани Рустам, ки мухолифат дошт, розӣ шуд. Ва аз Маскав ба Душанбе расидан замон фармони бахшишро имзо кард.

Вале ин бахшиш ҳам шомили ҳоли онҳое, ки зиндониҳои сиёсӣ маҳсуб мешаванд нахоҳад шуд. Дар ҳоле, ки тибқи урф ва риволи мулк ва давлатдорӣ раҳбари як давлат бояд ҳарифону рақибони сиёсиашро бибахшад то бар ҷойгоҳ ва азаматаш биафзояд ва рақибонаш ҳам забони кутоҳ дар баробараш дошта бошанд. Аммо Раҳмонов ин корро дар ҳеҷ ҳолат нахоҳад кард, чунки худи вай дар баробари ҳарифонаш масалан Маҳмадрузи Искандаров, Зайд Саидов ва амсоли инҳо забонкутоҳ аст.

Бахшиши Раҳмонов аломат ва нишонаи хушҳоливу хурсандиву ризоияти вай аз натиҷаи сафараш ба Маскав аст.

Чаро Раҳмонов Наврузро махсус таъкид кард?

Дар фармонаш тазаккур кард ва ин бахшишро ба Навруз  пайванд дод барои онки вақту замон барои изҳори хурсандиаш дер нашавад. Вале чун Навруз дар даруни моҳи мубораки барои мо мусалмонҳо Рамазон омад, онро махсус тазаккур кард ва нишон дод ва таъкид ва тасдиқ кард, ки вай бо ислому мусалмониву моҳи мубораки он на фақат рабту пайванд ва дилбастагӣ надорад, балки муқобили он аст ва ба он нафрат меварзад.

Масалан Раҳмонов метавонист ин бахшишро то чанд рӯзи дигар дертар содир кунад, масалан дар моҳи апрел. Аммо махсус дар рамазон ва бо таъкиди онки ба муносибати Навруз аст уқда, душманӣ, танаффур, бадбинӣ, хусумату хушунати даруниву қалбиаш бо исломро зоҳир кард. Раҳмонов мехоҳад бигуяд, ки вай исломро бад мебинад. Барои вай Навруз ва рақсу бозӣ авлотар ва афзалтар аст.

Бубинед шуруъ аз Сафармурод Ниёзов то Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ва ҳоло Сердар ҳамасола аз салоҳияти конститутсионии худ истифода карда бандиҳоро бахшиш мекунанд. Ва ин бахшиш бештари сол ба муносибати фарорасии шаби лайлатулқадр ва иди сайиди фитр ва ё иди Азҳо-Қурбон ду иди асосии қуръонии мусалмонҳо сурат гирифтааст. Ахиран Сардор Бердимуҳаммадов барои имсоли шаби лайлатулқадри моҳи мубораки Рамазон эълони бахшиш кард. Вва ин фармонро рузи 21.03 и имсол имзо кард ва беш аз 350 нафар ба озодӣ баромаданд.

Ҳамин тавр Шавкат Мирзиёев ҳам ҳатмани ҳатман ба муносибати ин ду иди бузурги исломӣ фармони бахшиш ва афв имзо мекунад.

Масалан  9 апрели соли 2024 ба муносибати иди рамазон- «Рамазон-байрам» 426 зиндониро бахшид.

Чаро Раҳмонов аз онки барои мисол дар моҳи муборак ё дар иди Қурбон бахшида бошад намекунад. Дар моҳи муборак аммо Наврузро тарҷеҳ дод.

Мо, инро чи гуна бифаҳмем? Бале, барои Раҳмонов Навруз аввал ва афзал аст. Ин на ба он аст ки вай ошиқу шефтаи таъриху гузаштаи ин миллат аст, ин на бо маъно аст ки Навруз иди мардуми аст, ин ба он маъно аст ки аз Ислом ҳазар мекунад, парҳез мекунад.

Метавонист бигуяд, ки ба муносибати ин моҳи муборак, ба муносибати даҳаи ахир  аммо нагуфт ва намегуяд. Маълум аст ки рӯза ҳам намедорад.

Ин рақси дастафшониву ишкамбаҷумбониву қошпарониву думбатакониашро бинед. Мусафеди 70уандсола шармаш на аз Худо ва на аз банда меояд. Минбарро таваҷҷуҳ кунед фақат худаш ва Рустам. Ин чмои раиси нави Маҷлисро даронҷо роҳ надоданд. Қаблан Убайдуллоев ва Зуҳурову сарвазир ҳам онҷо буданд. Аммо ин бор фақат худаш ва Рустам. Маънодор аст. Агар диққат дода бошед аз қизиқи рақс бо думбаи 100 кг курсиро зад ва Рустам онро бе роҳ карду дурбин дар ҳол ба саҳна гардонида шуд. Ин пирбузбалаи аҳмақ ҳаргиз одам нашуд,ки нашуд ва шудани ҳам нест.

Аммо ин шо Аллоҳ ба ин орзу ва ҳавасҳояш нахоҳад расид.

Чаро Раҳмонов дар даруни моҳи мубораки рамазон, моҳи хос ва вижа барои мусалмонони олам бар Навруз тарҷеҳ медиҳад?  Ин дар худ паём дорад?  Ин нигоҳи Раҳмонов ин заҳри Раҳмонов аст ба  ислому мусалмонӣ ва мусалмонон.

Раҳмонов бо ин мардуми мусулмон мушкил дорад.

Чаро Раҳмонов бо ин мардуми мусулмон кори як номусулмонро мекунад? Ин чи гуна раиси як давлати мусулмоншин аст? Бале ҳамин Раҳмонов.

Чаро раиси ҷумҳуриҳои ҳамсоя бо дину оини худ мушкил надоранд. Чаро онҳо наметарсанд? Чаро Раҳмонов метарсад?

Кутоҳи гап. Раҳмонов аз мо-исломиҳо метарсад ва метарсад, ки боз ҳаминҳо фукашро ба замин хоҳанд шакид. Ин шо Аллоҳ ин бор дигар хел хоҳад шуд.

Мо, намедонем, ки Раҳмонов киҳоро мавриди бахшиш қарор дод. Бахшидан, бахшиш кардан истисноан дар ваколати сардори давлат ва дар Тоҷикистон Презиент аст. Онро номбаном татбиқ мекунад. Ин афв нест. Афв бар тибқи қонун қабул ва бар асоси моддаҳои воридшуда ба он татбиқ мешавад. Аммо бахшиш, ки гуфтем ҳуқуқи истисноӣ аст ба афроди алоҳида аст.

Аммо на хабаре аз раҳоии хабарнигорони зиндонӣ, на хабаре аз раҳоии зиндониҳои сиёсӣ ба мо расидааст. Ин дар ҳоле аст ки аз тамоми зиндонҳо, аз ҷумла усиленний (пурзур) строгий ( сахт) ва обший (умумӣ) маҳкумшудаҳо раҳо шудаанд.

Пас, ин бахшиши вай фақат як навъ фиреб аст, ки гуё афв кард.

Сообщение Бахшиши ғайримунтазира ва бесобиқа появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №184
Аз дасти ин оилаи носерами гушна на тоҷирон рӯз доранд, на муҳоҷирон ва на ҳатто деҳқонҳо. Яке мабинӣ, ки фармон додааст, ки бояд ғалла фалон тонна истеҳсол карда шавад. Заминҳои пахтаву юнучқаву дигару дигарро чапа карда мардум ба кишти гандум ё ҷав водор карда мешавад ва ё мегуяд, ки картошка фалон тонна бояд истеҳсол шавад. Мебинӣ, ки заминҳои кишти дигарро чапа кардаву дар ҷойҳое, ки тамоман коридани картошка мумкин нест, ҳосил намедиҳад, картошка мекоранд.

Дар мавриди маҳсулоти стратегии кишоварзии мамлакат-пахта ҳам айнан чунин ҳолат аст. Як сиёсати ғалату хато, балки ҷиноят дар ин арса содир шуда истодааст.

Солҳои пеш Тоҷикистон то 1000.000 тонна пахта руёнида буд. Ҳозир ин рақам то ду баробар кам шудааст. Мисли алюминий, ки ин оила дуздид, дуздид ва оқибат заводи бузурги алюминийро аз кор бекор кард.

Ҳозир соҳаи пахтакорӣ пурра набошад ҳам беш аз 90 дар 100 ба дасти Оилаи Раҳмонов аст. Барои ҳамин нархи хариди он аз деҳқон бениҳоят паст аст. Азбаски нархи он дар дасти ин Оила  ва паст аст, деҳқонҳо аз кишту кори он дилсард шудаанд. Инро муаллифи ин матлаб ҳам навиштааст, аммо ҷуръат накардааст,ки иллати асосиашро бигуяд:

Бохтар

Ассалому алайкум бародар Муҳамадиқбол! Ман дар сайти нашрияи СССР як мақолаеро бо номи «Пахтаи тоҷик қадр дорад» аз 09.10.2024 хонда ба муаллифи он Хушвақт Хошоков аз ноҳияи Дустӣ ташаккур гуфтам. Барои чӣ? Барои онки ба ин савол посух бигиред, инҷо худи ҳамон мақоларо ба шакли пуррааш пешниҳоди ҳамагон менамоям ва сипас фикрҳоямро мегуям:

«Дар ҳақиқат пахта дар давлати мо қиматашро гум кардааст. Дар ин бора 2 сол боз тавассути газетаи СССР мегӯему менависем, вале масъулони соҳа чаро посух намедиҳанд?

Тобистони имсола ҳарорати гармӣ аз 55 дараҷа гузашт. Табиист, ки ҳосили пахтаро гармсел дар ин давра нобуд кард. Ин ҳам бошад офати табиист. Давлат инро ба деҳқон ҷуброн мекунад ё не? Агар имкони ҷуброн набошад, ақаллан нархи пахтаро то дараҷаи соли 2022 боло бардоштан мумкин аст-ку? Соли 2022 мани муалифи ин сатрҳо 1 килограм пахтаамро 13 сомонӣ фурӯхтам, дар соли 2023 бошад 1 кг ба 5 сомонӣ баробар шуд. Ва ин дар сурате, ки нархи хароҷоти парвариши пахта ҳамон хел бе тағйир монд.

Сабабаш дар чист? Кӣ инро ба деҳқон мефаҳмонанд. О, пахта боигарии давлат буд ку! Имрӯз боигарии кист? Инро кӣ шарҳ медиҳад?

Савдогаре, ки пахтаро аз деҳкон бо нархи 5 сомонӣ мехарад фақат кунҷораашро 5 сомонӣ мефурӯшад. Нархаш, равғанаш, пасмондаи чигит (шелуха)-и инҳо куҷо шуданд? Ягон кас аз он муҳтарам соҳибкорон дар ин бобат мепурсида бошад? Умуман нархи харду фурӯши пахтаро кӣ танзим мекунад, ақаллан хаминашро мефаҳмидем.

Ягона соҳае, ки даромаднок буд, ин пахтакорӣ буд, аммо ин ҳам бошад бо ин нарху наво зараровар шуд. Акнун деҳқон заминро чи кор мекунад? Вазорати кишоварзӣ ва иқтисоддонҳо дар ин бора ягон чиз мегуфта бошанд? Манфиати деҳқонро кӣ ҳимоя мекунад?

Чи хеле, ки халқ мегӯяд: «Аҳволи мусибатзадаро мусибатзада медонад». Соҳибкороне, ки масъалаи хариду фурӯши пахтаро то ба ин ҳад поин овардаанд, дарк намекунанд, ки деҳқон дар чӣ аҳвол аст? Канӣ бародарию баробарӣ?

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман сокини Қурғонтеппа ҳастам. Солҳост, ки ба пахтакорӣ машғулам. Дар ҳақиқат ҳозир нархи хариди пахта бениҳоят паст аст. Мо, албатта, панҷ сомонӣ неву 7-то 8 сомонӣ мефурӯшем, вале ҳамин нарх ҳам бисёр ночиз аст. Чунки барои руёнидани ҳосил хароҷот зиёд аст.

Инҷо чи гуфтаниам. Ҳозир нархи хариди пахта дар Узбекистон аз деҳқонҳо баробари 20-25 сомонии худамон аст.

Муаллифи ин мақола гапҳои дуруст навиштааст. Аммо  чизи асосиро нагуфтааст. Пахтаро Ҳасан Асадуллозода ва бародаронаш дар Қурғонтеппаву Кулоб монополия кардаанд. Онҳо чи нархе гузоранд, тамом. Солҳои пеш мо ба Восеъ ба як бизнесмен буд бо номи Самариддин мебурдем, бо нархи баланд мехарид, ҳамчунин Орҷоникидзеобод-Ваҳдат мебурдем. Аммо ҳоло фақат харидор Ҳасан ва одамони вай аст. Барои ҳамин нархи паст мондагианд.

Дар ин мақола сурати вазири кишоварзиро ҳам чоп кардаанд. Охир ин Қурбон Ҳакимзодаи вазири кишоварзӣ чанд сол дар вилояти Хатлони мо раис буд. Аммо аз дасти вай ягон бало ҳам намеояд. Ҳатто дар назди ҳоҷи Амиру ҳоҷӣ Раҳматулло мисли барги бед меларзид.

Дар Хатлон ҳама чиз дар дасти Ҳасану авлодаш ва Зоиру авлодаш аст.

Ман намедонам, ки чашму дили инҳо кай сер мешуда бошад?

Мастчоҳ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Номае дорам аз ноҳияи Мастчоҳ

Бори дуюм аст ки ба «Ислоҳ» менависам. Ман сокини ноҳияи Мастчоҳ мебошам ва ин бор дар бораи яке аз мушкилоти муҳими ноҳия гап мезанам. Дар ноҳияи Мастчоҳ мутаассифона барқ тақрибан нест. Дар 24 соат 6 соат барқ дорему тамом. Вақте ки барқ хомӯш мешавад телефонҳо умуман кор намекунад, интернет ку умуман нест. Дар ноҳияи мо дар як ҳафта ду сӯхтор ба амал омад. Барқ набуд, оғилҳои мардум ҳама сӯхту нобуд шуд. Телефон кор намекард, ки МЧСро занг занем. Ҳатто аз бесветӣ об набуд, ки сухторро худамон хомӯш кунем. Воқеан ҳам ин хеле рӯзи сахт аст.

Ноҳияи Мастчоҳ имсол нақшаи даъватро барзиёд иҷро кард. Аммо падарҳои онҳоеро, ки дар Русия ҳастанд бурда маҳкам карда аз онҳо пул мегиранд ва ин ҳолат тамоми сол идома дорад ва ҷавонони мо аз тарси хизмат ба ватан омада наметавонанд ва ҳар рӯз як ҷавони мастчоҳиро аз Русия депорт карда равон мекунанд ва ӯро аз фурудгоҳ рост ба хизмат мебаранд. Чандин нафарҳоро медонам, ки аз хизмат маъюб шуда омадаанд ва мутаассифона чандин нафари дигарро медонам, ки мурдааш омад ва шарт нест, ки номҳои онҳоро бигирам. Мо мардуми точик то кай сабр кунем. Косаи сабр он тараф истад, деги сабрам пур шуд. Ман умедворам, ки мардуми шарифи Мастчоҳ даст ба дасти якдигар дода коре анҷом диҳем.

Умедворам дар ноҳияи Мастчоҳ дигарҳо низ маълумотҳои нисбатан муҳимро ба «Ислоҳ» мефиристанд.

Кулоб

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман сокини Кулобам. Дар вақти солҳои 92 дар Фронти халқӣ будам ва азоби мардуми тоҷикро медидам, барои ҳамин дигар намехоҳам ҷангро.

Дар Кӯлоб мисли дигар минтақаҳо мардум рӯз надорад: бесветӣ, бекорӣ, налоги баланд, зулми милисаҳо, суду прокурор, ҷамоат, ҳукуматиҳо. Ман ба мардуми тоҷик гуфтаниам, ки фикр накунед мо кӯлобиҳо дар роҳату осонӣ зиндагӣ мекунем,не хато мекунед. Мо бо мардуми Тоҷикистон дар як қаиқ ҳастем. Ба Эмомтапак гуфтаниям, ки худат ҳамон сиёмкаи авваллин бор ба Кӯлоб омадагиатро бин, ки чи хел будӣ, ҳозир чи?

Ин гуфтаи худат аст. Чи хеле ба кормандони дузду порахури мақомотат гуфта будӣ!

Ту ақаллан ба фарзандони бародарони Фронти халқӣ, ки ту то ҳозир катагӣ бо фарзандонат, бо аҳлу авлодат Тоҷикистонро ғорат дорӣ, нафақа медодӣ дар ҳар як ҷашни ид ба оилаҳои онҳо ёрдам мекарӣ, накардӣ. Аммо ин хуб шуд. Чунки ту худатро нишон додӣ. Акнун мо кӯлобиҳо фаҳмидем, ки ту нокас будаӣ, мунофиқ будаӣ.

Ба мардуми Кулоб  гуфтаниям сукут накунед, хезед ин нокаси шайтонро аз болои ин мардуми ҷабрдида яктарафа созем.

Ман мефаҳмам. Ба мардуми Кулоб мегуянд, ки мухолифонро гӯш накунед, вайҳо душман ҳастанд. Не бародарҳо. Мо онҳоро гуш ҳам накунем ин гуфтаҳои онҳоро бо ду чашми сар дида истодаем, зулми ҳукумати ин касифро ку. Ин касиф фикр дорад мардуми Кулобро мурғ кардааст. Не бародарҳо. Дар Кулоби мо шерон бисёранд. Ту қумандонҳоро куштӣ, зиндонӣ кардӣ, аммо мардуми Кулобро наметавонӣ тарсондан. Мардум медонад, ки шикаста бошем ҳам лекин нарехтаем.

Эй, ҳукуматиҳо, фаҳмида бошед! Мо кӯлобиҳо дар бари мардуми Тоҷикистон ҳастем ва мемонем. Мо бояд дигар фиреб нахурам. Ин Эмомтапакро бовар надорем.

Конибодом

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Нома аз ноҳияи Конибодом, ҷамоати Лоҳутӣ ба Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон. Ин нома аз номи истиқоматкундагони деҳаи Лоҳутӣ, Ҷаҳонзеб ва Санҷидзор мебошад. Мо ба шумо сарвари давлат ва падари миллат дарди дили ин халқи мазлуми бечораро расонданием.

Дарди дили ин халқи мазлуми бечораро ҳеҷ ки намепурсад:- на раиси ҷамоат гуш мекунад, на раиси ноҳия Тухтасун Абдусаломзода. Ин чи бедодгарӣ аст? Халқи   бечора чи хел зиндагӣ кунад? Об нест, ки бе об зиндагӣ кардан мушкил.

Чизи дигар ин аст ки ин кормандони мақомот аз чашми вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода дур, дар ин ҷамоати мо чи корҳои номаъқулӣ ба болои халқи бечора раво дида истодаанд. Чи кор кунем? Дардамонро кӣ гуш мекунад? Мо маҷбурем ба воситаи «Ислоҳ. нет» дарди дили худро ба шумо сарвари давлат расонем. Муҳтарам Ҷаноби Олӣ шумо аз халқ хафа нашавед, ки бо «Ислоҳ.нет» алоқа мекунад. Халқ аз маҷбурӣ менависад дардашро, шумо як бор гуш кунед, фаҳмед, як бор тафтиш кунед.

Шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Конибодом чанд нафар милисаҳои ғайриқонунӣ дорад. Дар куҷои қонун навишта шудааст, ки либоси милисаро ғайриқонунӣ бипушиву даст ба қаллобӣ занӣ?Дар ноҳияи мо хато намешавад гуям, ки 80% милисаҳо дузд ва барои кисаи сардори милиса кор мекунанд. Ин милисаҳо дар ягон ҷо хондагӣ не. Ақалан хизмат кардагӣ не. Танҳо корашон дуздию ғоратгарӣ бо либоси низомӣ. Ҳатто аз хонаҳои мардум медузданд. Ин милисаҳои ҷамоати Лоҳутӣ бо дуздон ҳамкории зич доранд. Инҳо рӯзона ҳама ҷоро давр мезананд. Молҳои дар саҳро бударо шабона мекушанд. Вақте соҳиби мол шикоят кард, барои ёфтани мол пул мегирад. Баъди чанд вақт аз куҷое,ки худашон молро куштагӣ ва гушташро фурӯхтабуданд пусташро гӯиё пайдо карда акт мекунад, тамом. Акнун худатон хулоса намоед,ки кормандони ВКД худашон молро медузданд мекушанд гушташро мефурӯшанд. Барои кофтани он моли гумшуда боз аз соҳиби он мол пул мегиранд,ки он молро мо мекобем. Тасаввур кунед як молро дубор мефурӯшанд. Ҳам ба қасобҳо ва ҳам ба соҳиби мол. Соф соҳиби мол аз нони даҳони кудаконаш маҳрум мешавад.

Муҳтарам Сарвари давлат, Пешвои муаззами милат Эмомалӣ Раҳмон! Ин нома барои шумо буд.Аз ман хафа нашавед, ки ба «Ислоҳ» навиштам. Чунки ин номаи маро газетаҳои шумо чоп намекунанд.

Ҷиргатол

Ассалому алайкум Муҳаммадиқболи Садриддин

Нома аз ноҳияи Ҷиргатол. Ман бист сол шуд дар Қирғизистон зиндагӣ дорам. Ман мохи сентябри соли ҷорӣ тавассути Узбекистон ба Тоҷикистон рафтам- хешу таборҳоро хабаргирӣ. Сарҳад расидаму кино сар шуд. Дар таможенный даҳ ҳазор соми қирғизиамро гирифтанд. Ҷиргатол расидам. Пагоҳаш се милитсия хабар ёфта омада отдел бурда боз даҳ ҳазор сомамро барои временний учет гуфта гирифтанд. Аммо аламовараш ин ки куча баромадан ва хонаи хеши табор рафтан намешавад. Хешу таборам аз меҳмонӣ омаданӣ ман метарсанд.

Дар Ватан ҳама буз, ҳама чоплус ва ҳама тарсончак шудаанд. Ба масҷид рафтан метарсанд. Дар қишлоқ ягон мошини бегона дарояд ҳама метарсанду баҷо мешаванд. Ватан-зодгоҳи ман ҷамоати Янгишаҳри Ҷиргатол аст. Мардум ба бозор рафтан метарсанд. Бозор дар дасти як нафаре бо номи  Сайнеъмон Абдусаломов будааст. Нархҳои бозор бисёр ҳам гарон аст. Дар бари ин бозор бозори Шоҳ-командир ҳаст. Мардум ба бозори Шоҳкомандир раванд аз Сайнеъмон метарсанд. Бузи Сайнеъмон Раҳмиддин Қосимов. Раҳмиддин Қосимов даҳ сол мешавад, ки раиси ҷамоати Янгишаҳр аст.

Сайнеъмон вес заминҳои қирғизҳоро заминфурушӣ мумкин нест гуфта кашида мегирифтааст. Бовар кунед қирғизи тоҷикистон хонаашро партофта кучида истодааст. Миллати ман қирғиз аст. Хоҳиш мекунам, ки ин номаи маро зудтар чоп кунед, то ба гуши мақомоти болоӣ бирасад. Дар ин ҳолу аҳволе, ки қирғизҳо дар инҷо доранд, ягон бало сар мезанад.

Бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз соли 2019 ҳама барномаҳои туро тамошо мекунам. Ҳамаи навиштаҳоятон дуруст аст.

Ман бисёр навиштанӣ ҳастам. Аммо дигарҳо фикр мекунанд қирғизҳо байни тоҷикҳо шур медозанд. Вале ин тавр нест. Дилам ҳам ба ҳаммиллатонам ва ҳам ба тоҷикҳои ҳамватанам месузад. Чунки инҳо сахт дар азоб ҳастанд.

Мо дар Қирғизистон озод ҳастем. Дар Ҷиргатол мардумро ба ғулому канизак табдил додаанд. Мардум бояд худашон худашонро наҷот диҳанд.

Турсунзода

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ман дар бораи шахсе гап мезанам, ки ҳам қаллоб асту ҳам қотил ва ба ҳама корҳои пасттарин даст дорад. Номи ин шахс Тоҳиров Убайдулло мебошад.

Вай солҳои пеш, замони шуравӣ карате тамрин мекард. Падараш муаллим буд. Мегуфтанд, ки муаллим Тоҳир шахсе оромтабиат ва инсони хуб буд. Аллоҳ раҳмату мағфираташ кунад. Ин муаллим Тоҳиров серфарзанд буд. Аммо чи хеле ки фарзандҳояш мисли худаш набаромаданд. Дар бораи ҳамаи онҳо гап занем гап бисёр мешавад. Ман дар бораи яке аз ҷинояткоронашон гап мезанам. Яъне Тоҳиров Убайдулло. Ин шахс мошенник аст.

Солҳои ҷанг, соли 1992 ба мардуми ҳамсояқишлоқ ғармитаборҳо даромада гуруҳ-гуруҳ мардони онҳоро ба адир бурда ба қатл мерасонад, бо камаз зинда-зинда бурда чапа мекунад. Он солҳо мо хурд будем. Худаш мегуфт,ки бо табар ғармиҳоро зада реза карда мекуштам гуфта мефахрид ва боз рафта зану духтаронашонро таҷовуз мекрадам. Гуё кори хуб крада бошад. Дар ҳамсоягии худаш як ғармӣ буд, ҳамсояи наздик. Ӯро чандин бор фиреб карда куштанӣ буд. Дар ниҳоят яке аз рӯзҳо бо фиреб аз хонааш бароварда бо чи ваъдае ба куҷое бурда билохира ӯро ба  қатл расонд.

Ҷои куштагиашро худаш медонад. Чанд сол пеш писари ҳамон ҳамсоя Убайдуллоро мегуяд, ки « Ака падари мана ҳавай вақт дар хона шумо бурда будед ку, бади вай падарам наомад, чокадед гуҷо шуд падарам, бо шумо рафта буд?. Убайдулло дар аввал намедонам гуфта ба кала намегирифт. Аммо оқибати кор ба кала гирифта ҷояшро гуфт- ҷои қатлу қабрашро. Лекин гуфт, ки «ман падари туя накуштам, дигарҳо куштанд. Ман хело зора кардам, ки накушанд, аммо манро гуш накарданд». Писари ҳамсоя Эшонов Зафар ном дорад. Убайдулло падари ҳамин Эшонов Зафарро ба қатл расонд.

Эй, бо фикр накунед, ки ин мактубро Эшонов Зафар навишта аст. Зафар ин дилу гурдаро  аслан надорад. Лекин ба мисли ҷабрдида пурсуҷу кунед дар бораи падараш баъд мефаҳмед, ки ин гаҳо дуруғ ё ки рост. Аммо ба мисли Шукрулло участковий пулро гирифта делоро нест накунед, зери назорат ҳастед, мебинем. Мо ин гуруҳи калони тоҷиккушонро меёбем, ё ки не вақт нишон медиҳад.

Раҳмонов ту пешвои муаззами миллат ку, ғамхори миллат ку! Канӣ исбот кун пешвогиатро.
Ин Убайдулло зиди давлати Тоҷикистон ҷанг кардааст. Бо гуруҳи Ибод Бойматов ва Маҳмуд Худойбердиев  ва яке аз боевикҳои онҳо буд. Агар пушти ин моҷароҳоро кобӣ як историяи калон хобида аст.

Соле, ки Маҳмуд Худойбердӣ аз Душанбе Регар омадагӣ буд 97 ё 98 буд. Ин Убайдулло дар даст автомат дар байни одамони Маҳмуд буд. Ҳамроҳи вай Хушбахт Назаров буд. Чунон лашкари калон буд, ки 4 соат гузаштанд бо техникаву пиёдагард. Хато накунам аз 5 ҳазор зиёд пиёдагард буданд. Аз маҳаллаи мо, яъне Зарнисор бо Мҳҳмуд Худойбердӣ зиёд буданд. Ман дутоашро дидам-Тоҳиров Убайдулло ва Назаров Хушбахт. Назаров Хушбахт ҳам ба мисли Убайдулло дар қатлу куштори бисёр тоҷикҳо даст дорад. Тоҳиров Убайдулло ду сол шуд, ки ҳаҷи умра кард. Дар шаҳри Митишии Маскави Русия бо писарҳояш чи тиҷорате дорад. Корҳояш хуб аст. Даромади хуб дорад. Дар бораи мошенникиаш гап занем хеле зиёд аст. Ин пеш ду писар дошт. Писари калониаш, вақте хурдсол буд, ҳангоми оббозӣ ғарқ ва ҳалок мешавад. Ҳамон вақт хуб дар ёд надорам, бачаҳое, ки бо писари ғарқшудаи ин буданд, он бачаҳоро хело ғам дода буд: «бачема куштетон гуфта».Милисабозиҳо карда пули зиёди падару модари онҳоро гирифт, туҳмат кард. Беҳад ҳаромхури беинсоф, ҳақимардумхур аст.

Бародар чи гуфтанӣ ҳастам? Рости гап ин гуна шахсон дар ҷамъияти мо бисёранд, ки дар қатлу куштору таҷовузу ғорат дар ҳамон солҳои ҷаг даст доштанду ҳозир калонсол шудаанд. Онҳо дар байни худ як гапҳо мегуянд, ки дар ҳайрат мезанӣ. Сиру асрори инҳоро кобиву ёбӣ амният ҳайрон мешавад.

Ҳаминро фаҳмидам, ки шахсе, ки бо тиҷорати ҳалол кор кунад, тез ин гуна пулдору бодавлат намешавад. Аз даҳони чандин инсонҳо фаҳмидам, ки инҳо дар Тоҷикистон бо доруву алафҳои маводи мухадир даст доранд. Ва ҳамин маводҳоро ба Маскав ҳам мебаранд ва онҷо савдо мекунанд.

Чи хеле, ки шумо дар барномаи №130-и «Номаҳо..» гуфтед Зоҳидов Хушназар бачаи калони амаки Хушича ин Убайдулло Тоҳирову Назаров Хушбахт ва Зоҳидов Хушназар 3 каса алаф дуд мекарданд ва боз чизи дигар монанд ба сақичи сиёҳро майда карда  бо сигарет омехта карда мекашиданд ва баъд  ранги ҷиннӣ мешуданд. Хушназар дар ин корҳо таҷрибаи бой дорад.

Давлати дунгур ту гузарондӣ! Чаро масъалаи Хушназарро надидӣ? Ту хушру мешиносӣ ин Хушназарро.

Хуб оянда номаҳои дигарро ҳам аз мо интизор бош! Мо акнун ҷой гуфтани ҳақиқатҳоро пайдо намудем ва аз он истифодаи хуб мекунем.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №184 появились сначала на ISLOH.net.

СС.Ятимов ҳам Раҳмоновро чапа карданӣ буд?
Ё «Берия тоҷикӣ» ва нақши вай дар воқеаҳои солҳои охир.

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман яке аз мухлисони ҳамешагии шумо мебошам ва сайти «Ислоҳ»-ро ҳамеша мехонам. Аслан зодгоҳи ман Фархор аст. Аммо мо дар Данғара калон шудаем. Ҳозир бошад ман дар хориҷа ҳастам. Навиштаҳои шуморо дар бораи СС.Ятимов мехонам ва махсусан навиштаи охирини шумо, ки гуфтааст пир шудаму нафақа мебароям хондам ва хеле писандам омад.

Шумо метавонед СС.Ятимов, яъне Саймумин Сатторовичро бемалол Берияи тоҷикӣ ном баред. Ин одам як умр дар КГБ кор кардааст, аммо тарҷумаи ҳолашро тавре навиштааст,ки гуё вай баъди солҳои зиёди кор ба ин идора рафта бошад. Ҳоло тарҷумаи ҳоли ӯро нигоҳ кунед, ки чи тавр сохта шудааст. Бале, бале, ин тарҷумаи ҳол сохта, ҷаълӣ ва дуруғӣ аст:

Ятимов C.C. (таваллудаш 23 июли 1955, ноҳияи Фархори вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — сиёсатмадор ва дипломати тоҷик. Раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2010). Доктори илмҳои сиёсӣ дар соҳаи «Масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ ва рушди глобалӣ». Профессор. Узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон. 5-ум Раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1972 — 1976 сол — донишҷӯи Донишкадаи давлатии педагогии Кӯлоб;

1976 — 1977 сол — омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои миёнаи №15 ва №10 ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;

1977 — 1979 сол — хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС, ш. Каунас, Литва;

1979 — 1980 сол — омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи №10 ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;

1980 — 1992 сол — мудири шӯъбаи Кумитаи иҷроияи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;

1992 — 1996 сол — мудири шӯъбаи Ҳукумати вилояти Хатлон; 1996 — 1997 сол — сафир оид ба вазифаҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

1997 — 2000 сол — мушовир-сафири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон;

2000 — 2005 сол — Муовини вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон; 2005 — 2 майи 2007 — муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аз 2 майи 2007 — 2010 — Сафири Фавқулода ва Мухтори ҶТ дар Подшоҳии Белгия ва ҳамзамон Сарвари Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷомеаҳои Аврупо (Комиссияи Аврупо, Иттиҳоди Аврупо оид ба саноати ангишт ва пӯлод, ва Иттиҳоди Аврупо оид ба энергияи атомӣ).

Дар солҳои 2000—2001 маълумоти дуюми олии худро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси «ҳуқуқшиносӣ» гирифт. соли 2001 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Асосҳои идеологии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон» ҳимоя кард;

соли 2002 — рисолаи докториашро дар мавзӯи «Гуманизм ва идеологияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ» ҳимоя кард;

аз соли 2005 — дарсгӯии курси «Сиёсати байналмилалӣ ва дипломатияи муосир» («International Relationship and Modern Diplomacy») бо забони англисӣ бо даъвати Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия. Бо ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи II (соли 2013) сарфароз шудааст. Оиладор, тибқи баъзе манбаъҳо соҳиби 5 фарзанд аст, вале дар манбаъҳои дигар, шумораи фарзандони «берун аз никоҳ» ё фарзандони ақди дуюм то 13 мерасанд.

…..Дар бораи шумораи фарзандони ин «қаҳрамонпадар» бигзор дигарҳо бигуянд. Аммо, чизе, ки инҷо ман мехоҳам бигуям, аз он навиштаи шумо кутоҳӣ нахоҳад кард. Сараввал як ҳодисаро, ки ҳақиқати маҳз аст мегуям, то аз хотирам набарояд. Солҳои 2000 -2001 С. Ятимов  чанд нафар чупонҳои ноҳияи Панҷро дар Фархор кушта рамаи мардумиро аз они худ мекунад. Барои онки аз ин кор мардум бохабар нашаванд, кори кардааш рӯпӯш шавад молҳоро бароараш Абдулмумин Ятимв бо ҳамроҳи писари холааш Исмат мефурӯшанд. Ва аз ҳамон вақт соҳиби молумулки зиёд мешавад. Баъдан солҳои 2005 ва 2006 фермаи колхозиро аз они худ мекунанд. Вале як каме баъд фермаро ба домоди Маҳмадсаид Убайдуллоев мефурушанд. Солҳои 2009-2010 ин фермаро боз аз нав пас мехарад. Ҳоло ин ферм ба Абдулмумин Ятимов, раиси Идораи хоҷагии ҷангали Фархор тааллуқ дорад. Дар Кумитаи андоз ба номи духтари Абдулмумин сабти ном шудааст.

СС.Ятимов солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, онгуна,ки нашрияи СССР навиштааст раиси КГБ дар ноҳияи Масковский буд ва маҳз СС.Ятимов буд,ки ҷони Одина Ҳошимро харида будааст. Солҳои давраи Союз ҳам бинобар навиштаи Сайиданвар Камолов, раиси собиқи КГБ-и Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон СС.Ятимов якҷо бо Султони Ҳамад, Ҳамрохон Зарифӣ, Суфибек Маҳрамов ва худи С.Камолов дар раёсати мубориза бо дин (муллоҳо) фаъолият кардааст. Ҳамчунин вай чандин сол ба ҳайси корманди фаврии КГБ дар Хоруғ кор кардааст. Аммо, онгуна, ки мебинед дар матни ҳасби ҳолаш навишта нашудааст, ки дар КГБ кор кардааст. Яъне ҳатто ҳувият ва шахсияташ машкук ва махфӣ аст. Чизи дигаре, ки дар ин шарҳи ҳол шакангез ва боварнакарданӣ аст дарёфти унвони илмии сиёсатшиносии уст. Вай баъди як соли ҳимояти кори номзадӣ дар соли дигар унвони докториро дарёфт мекунад. Кори илмиаш ҳам марбут ба муллову ислом аст. Зимнан СС.Яттимов ба унвони атташеи низомӣ яъне намоянлаи амният дар сафорати Тоҷикистн дар Ҷумҳурии Исломии Эрон кор кардааст ва мавзуъи корҳои номзадиву докториаш ҳам ба Ҷумҳурии исломӣ алоқаманд аст.

Аммо бояд як чизро тазаккур дод, ки СС.Ятимов ниҳоят шахси муғамбир, зирак ва ҷоҳу мансабталош аст. СС.Ятимов дар кудетои нофарҷоми Саидҷаъфар Усмонзода, Ҳамрохон Зарифӣ ва Акбаршо Искандаров ҳатмани ҳатман шарик аст. Раҳмонов аз ин тарафи кор пурра дарак ва далел дорад, вале бо чи мулоҳизоте ӯро на аз кор гирифт ва на зиндониаш кард. Ин ҳамин СС.Ятимов аст, ки ин афроди фавқуззикрро ба клуби Валдай-и сохти Путин ҷиҳати таҳияи нақша барои сарнагунии Раҳмонов фиристода аст. Аммо чуноне мебинем ё бисёр ҳам пуштвонаи зур дар Крмелин дорад ва ё дар Пекин, ки Раҳмонов онҳоро шинонд, инро не. Агарчи аз руи баъзе аз маълумотҳо Саидҷаъфар Усмонзода кайҳо ҳама маълумотро дар кафи дасти Юсуф Раҳмонов ва Юсуф Раҳмонов ба самъи Эмомалӣ Раҳмонов гузоштаву равонидаанд. Тибқи маълумоти дигари расида дар ин қазия танҳо Акбаршо Искандаров дар Валдай иштирок намуда ва суҳбатҳояшро анҷом додааст. Аммо ошкоро ба Искандаров гуфтаанд,ки ҳоло мо машғули Украйна ҳастем ва феълан Тоҷикистон бароямон ончунон муҳим ва калидӣ нест. Аммо пас аз баргаштанаш ба Душанбе ӯро мефурӯшанд.

Муносибати СС.Ятимов на бо ҳама аъзои оилаи президент хуб аст. Масалан, писари президенти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба сӯи ӯ тир холӣ кардааст. Расонаҳои интернетӣ  он вақт авишта буданд,ки «Ин хабарро бо истинод ба манбаъҳо дар сохторҳои ҳокимияти Тоҷикистон муовини раиси ПМТ (Паймони миллии Тоҷикистон) Алим Шерзамонов эълон карда буд.  Ба гуфтаи Алими Шерзамонов, шаҳрдори шаҳри Душанбе ва ҳамзамон писари Асосгузори Сулҳ ва Наҷотдиҳандаи Сайёра — Рустами Эмомалӣ аз Саймумин Ятимов талаб кардааст, ки амалиёти низомӣ-полисиро дар Хоруғ оғоз кунад. Тибқи иттилоъи мавҷуда, Ятимов гуфтааст, ки вазъият дар Хоруғ ва атрофи он ба нафъи гузаронидани амалиёти ҷазодиҳанда нест, зеро дар натиҷа шумораи зиёди шаҳрвандони осоишта ҳалок шуда метавонанд. Қайд мешавад, ки аксари низомиён муқобили истифодаи силоҳ алайҳи аҳолии осоишта изҳори назар карда, оқибатҳои манфии ин иқдомро таъкид мекунанд. Тибқи хабарҳои манбаъ, Рустами Эмомалӣ ба сӯи Саймумин Ятимов тир холӣ кардааст ва дар натиҷа1 генерали маҷрӯҳшуда дар беморхона бистарӣ шудааст.   Ҳамзамон, Алим Шерзамонов хабар дод, ки тибқи иттилоъ аз манбаъҳои ҳукуматӣ, дар ҷараёни амалиёти Хоруғ, Саймумин Ятимов бояд ба таври ҷисмонӣ нобуд карда шавад, монанди генерали Назарзода дар соли 2012. Ин вазифа гӯё ба генерали ВКД Аламшозода (Бузмаков) ва одамони ӯ супорида шудааст».

Дар Тоҷикистон, хусусан дар минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), аз соли 2012 то майи 2022 таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) Ятимови СС. як қатор амалиётҳо баргузор шуданд, ки вокуниш ва маҳкумияти густурдаи ҷомеаро ба вуҷуд оварданд. Ин амалҳо ба пахши сокинони маҳаллӣ, ки аксарияташон помириён мебошанд, нигаронида шуда, боздоштҳои худсарона, шиканҷа ва зӯровариро дар бар мегирифт, ки метавонанд ҳамчун табъизи системавӣ тавсиф шаванд.

Рӯйдодҳои ВМКБ дар солҳои 2021-2022 нишон медиҳанд, ки хатари эътирозҳои густурдаи зидди режим вуҷуд дорад, ки ба гуфтаи баъзеҳо, мушкилоти ҷиддии дохилии сиёсиро барои интиқоли пешбинишудаи ҳокимият, ки шароити суботро барои таъмини қонуният талаб мекунад, эҷод мекунад.

Вазъият дар марз бо Қирғизистон низ пуртаниш буд ва бисёр ҳодисаҳои марбут ба муноқишаҳои марзӣ мушоҳида шуданд, ки ин вазъи аҳолии маҳаллиро вазнинтар кардааст. Фишорҳои ҳукуматӣ дар сарҳад бо Қирғизистон (ниг.ба ҳуҷҷатҳои 1-42 феҳристи адабиёт) ва низоъҳои дохилӣ дар дохили Тоҷикистон натиҷаи поймол шудани ҳуқуқҳои помириён ва хориҷ кардани онҳо аз идораи давлатӣ буд, ки эътирозҳо ва норозигии аҳолии маҳаллиро ба вуҷуд овард.

Оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ахлоқии табъизи ақаллияти «Помирӣ» дар Тоҷикистон Табъизи помириён дар Тоҷикистон натиҷаи баҳсҳои тӯлонӣ оид ба марзҳо буд, ки ба ҳуқуқ ва имкониятҳои онҳо таъсири манфӣ расонд. Манъи истифодаи забони модарӣ дар муассисаҳои давлатӣ, бастани литсейи бахшида ба пешвои рӯҳонии помириён, инчунин маҳдудиятҳо барои чорабиниҳои фарҳангӣ — ҳамаи ин ҷузъи сиёсати васеътари пахшкунӣ шуданд.

Сокинони маҳаллӣ талабҳои худро дар бораи раъйпурсӣ оид ба масъалаҳои марзҳо ва ҳокимият баён карданд, вале овозҳои онҳо аз ҷониби парлумон нодида гирифта шуданд. Ин боиси бад шудани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии помириён, норозигӣ ва афзоиши танишҳо байни гурӯҳҳои этникӣ гардид. Бо дарназардошти контексти мураккаби таърихӣ, мушкилоти марбут ба додани қитъаҳои замин ба Чин дар соли 2002-ро нодида гирифтан мумкин нест.

Ин қарор норозигии мардумро ба вуҷуд овард ва саволҳо дар бораи қонунияти амалҳои ҳукумати Тоҷикистон ба миён овард, ки онҳо на танҳо аз омилҳои сиёсати дохилӣ, балки аз таъсири давлатҳои хориҷӣ низ бармеоянд. Далелҳо дар бораи «фурӯши» ҳудудҳо ба Чин танҳо қисми болоии яхбанди бузург дар заминаи мураккаби муносибатҳо байни ин давлатҳо ва танише, ки дар Тоҷикистон ҳукмфармост, ба ҳисоб мераванд. Вазъият бо сабаби стереотипҳои иҷтимоӣ ва набудани каналҳои ошкоро барои баррасии мушкилоти помириён боз ҳам мушкилтар мешавад, ки ин ба ҷудоии бештар байни гурӯҳҳои гуногуни қавмӣ дар дохили кишвар оварда мерасонад.

Муноқишаи марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар соли 2022 — ин низоъ миёни низомиёни Қирғизистон ва Тоҷикистон буд, ки 14 сентябр, дар остонаи саммити СҲШ дар Самарқанд оғоз ёфта, то 19 сентябр идома ёфт. Ин муноқиша аз ҳама бузургтарину хунинтарин дар таърихи муноқишаҳои марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳар ду ҷониб якдигарро дар оғози амалиётҳои ҷангӣ муттаҳам мекарданд. Ба маълумоти мақомоти Қирғизистон, дар ҷараёни муноқиша аз ҷониби қирғизҳо 63 нафар кушта ва тақрибан 140 ҳазор нафар кӯчонида шуданд. Ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, аз ҷониби тоҷикҳо 83 нафар кушта шуданд.

«Радиои Озодӣ» рӯйхати номии 83 нафар кушташударо аз ҷониби Тоҷикистон нашр кард. Ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон, дар задухӯрдҳо зиёда аз 200 низомии тоҷик кушта шуда, тақрибан 400 нафар маҷрӯҳ гардиданд. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар 12 соли охир дар марзи тоҷикону қирғизҳо зиёда аз 230 ҳодисаи истифодаи силоҳ рух додааст. 20 сентябри соли 2022 кишварҳо созишномаи сулҳ ба имзо расонданд.

Идома доштани тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ, ҳамчунин дар давраҳои пеш, панҷ мансабдори баландпояи ҷумҳуриро, ки вазифаҳояшонро аз 11 то 14 сол нигоҳ доштаанд, дар канор гузоштааст. Ҷойи аввали миёни куҳансолони дастгоҳи давлатӣ ба раиси КДАМ Тоҷикистон, Саймумин Ятимови 69-сола мерасад, ки аз соли 2010 ин мансабро нигоҳ медорад.

Дар ин ним-як соли ахир Эмомалӣ Раҳмонов тақрибан ҳамаи роҳбарони шуъба ва ва раёсатҳои амниятро дар марказу навоҳӣ ва вилоёт иваз карда ва дар ҷойи кадрҳои фархорӣ данғарагиҳоро монд. Чунки ба Рааҳмонов дар бораи СС.Ятимов маълумотҳои зидунақиз расида буд. Ин оғози коҳиш ва бе қадршавии СС. Ятимов ба назар мерасад.

Маълумот расида буд, ки СС.Ятимов гуё нияти нафареро дар ҷои Раҳмонов оварданро дорад. Баъдии ин маълумот чанд муддат як сукут ва хомушии мутлақ ҳукуматро фаро гирифта буд. Аммо дидору мулоқотҳои Раҳмонов бо Юсуф Раҳмон, Прокурори  генералии Тоҷикистон ва қудои охирини Эмомалӣ Раҳмонов  зуд-зуд сурат мегирифтанд ва сафарҳои Юсуф Раҳмон ба хориҷа ва бахусус Русия афзудан гирифт. Юсуф Раҳмон ба Эрон ҳам сафари корӣ анҷом дод. Ҳамон вақтҳо буд, ки овозаи омадани Юсуф Раҳмон ба ҷои СС.Ятимов, дар мақоми раиси КДАМ дар миёни доираҳои муайян паҳн гардида буд.

Ҳамин тавр, пас аз чанде, аввал аз наздиктарин дӯсти СС.Ятимов,роҳбари беморхонаи ибни Синоро шуруъ карданд. Ҳолати ва ҳадафи боздошти Абдухалил Холиқзода, мудири бемористони байналмилалии Сино дигар буд. Вале ӯро бо иттиҳоми нашри китоб, ки гуё бар хилофи қонун навишта шуда бошад, дастгир карданд ва ӯро барои 9 сол маҳкум ба зиндон намуданд.

Аммо пеш аз дастгир кардан, зиёд парешон буданд, ки чиро сабаби боздошт кунем.  Дар ин гуна ҳолатҳо камбудикобиҳо сар мешавад. Се нафарро дар сари китобу фаъолияти роҳбари беморхонаи Ибни Сино монданд, ки таҳлилу тафтиш кунанд. Ҳамин тавр китобро баҳона карданду рол бозиданд. Мақсади асосиро пинҳон нигоҳ доштанд, ки СС.Ятимов пай набарад. Гуё, роҳбари беморхонаи Ибни Сино тасдиқ карда бошад, ки СС чунин ният –табаддулоти давлатӣ дорад. Гуё СС ба воситаи Саидҷаъфар Усмонов, раиси ҲДТкорро шуруъ карда баъдан Убайдуллоевро низ ба бозӣ медароранд. Гуё дар ин кор кадом аз гурӯҳҳои дар Маскав ҳам шарик ва пуштибонанд ва чанд навбат дар нишасти Валдай афроди зикршуда иштирок кардаанд. Валдай ин як бунёде аст ки аз тарафи Путин ва тарафдоронаш дар соли 2004 ташкил шудааст.

Раҳмонов ин гапҳоро, ки мешунавад, қариб ду ҳафта андеша мекунад.  Баъдан ба хулосае омад ,ки бояд бо ин имконият ҳамаи куҳнаавторитетҳоро аз байн барад. Чун вай яқин кард, ки агар ӯро, ки ин қадар сиёсат дорад, мехоҳанд аз байн баранд, пагоҳ Рустамро дар ду ҳаракат меғалтонанд, ҷойро мегиранд. Вай махсусан аз СС.Ятимов бисёр ҳам дар хавфу хатар монд. Барои ҳамин Юсуф Раҳмонро дар ҷойи вай омода кард. Аммо ҳоло ба иллати аз ҳам пошидани ақди никоҳи Фарзонаи духтараш бо Сафари бачаи Юсуф Раҳмон ҳатман ба ин нақшааш таҳрир медароварад. Вале Раҳмонов, чуноне ҳамон бародари масъул дар охранааш гуфт, дигар дар вазоратҳои ҳарбӣ касе ба ҷуз аз данғарагӣ ва одамони содиқи худашро нахоҳад гузошт.

Ҳамин тавр нақшаро явош-явош сар карданд. Мебоист дар вақти тафтишоти парвандаи роҳбари беморхонаи Ибни Сино Усмоновро дастгир карда пойи СС.Ятимовро бо дигар нафарони номдор мепечонданд. Аммо чун ҳар вақта ФСБ чи буеро пай бурд ва ба Путин шифровкаро расшифроват карда дод. Путин Раҳмонро сигнал дод, ки вақти чистка нест. Подожди гуфт.

ССро ҳам ФСБ огоҳ кард, ки Раҳмонов фаҳмидааст. СС чанд маротиба талоши назди Раҳмонов даромаданро кард, аммо қабул накард. СС. Ятимов ба воситаи Қамчибек Ташиев масъаларо расонд.

СС Ташиевро гуфт, ки услуга за услугу. Яъне ту Жапаровро гу бо Раҳмонов телефонӣ суҳбат ва аз ман пуштибонӣ кунад, ман бошам дар масъалаи марз тарафи шумо ҳал мекунам. Ҳамин хел ҳам шуд. Жапаров чанд бор бо Раҳмонов   телефонӣ суҳбатҳо оиди марз мекунад, ки дар ахбор намегуянд. Чунки махфист. Раҳмонов ССро қабул ва гуш кард. СС сахт тайёрӣ дида буд. Тавонист ва боз Раҳмоновро тоб дод. Раҳмонов ҳам сахт ҳушёр аст. Медонад, ки тамоми нақшаҳои ӯро СС.Ятимов иҷро кардааст ва маълумотҳои зиёд дорад.

Аммо Раҳмонов барои аз байн бурдани нафарони номдор корро пеш бурд.   Усмонов ва дигаронро дастгир карданд. Аз замоне, ки роҳбари беморхонаи Ибни Сино Абдухалил Холиқзодаро дастгир карданд, аз ҳамон вақт аз қафои Усмонов наблюдение сар шуд.   Дар руйхате, ки гуё дар он номҳои ҳаммаслакони Сайдҷаъфар Усмонзода ҳаст, ғайр аз онҳое, ки дастгир шуданд, боз Оқил Оқилов, Эркин Раҳматуллоев, Ғайбулло Афзалов, Муродалӣ Алимардонов, Убайдуллоев ва боз чанд нафари дигар, ки номҳояшонро мумкин ба наздикӣ фаҳмем, хастанд. Раҳмонов Ятимовро зинда намегузорад. СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзода зиёд сиру асрори Раҳмоновро медонанду ҷиноятҳои зиёдеро бо дастони ин ду анҷом додааст.

Хусусан амалиётҳое,ки чандин сол дар ВМКБ ва водии Қаротегин, ду минтақаи таҳти нуфузи оппозитсион ва бар зиди ҲНИТ ва дигар нафарони номдор гузаронидаанд, ҳамаашон таркиби ҷиноёти башарии зиёд доранд. СС вақтҳои охир сахт эҳтиёт мекунад. Метарсад, ки ранги Саидамир Зуҳуроваш накунанд.

Ps: Инки СС.Ятимов худро масъули амнияти давлат ва мардуми Тоҷикистон эълон ва муаррифӣ мекунад дуруғи маҳз аст. Инҷо аз рафтору кирдори бародаронаш чанд намунаи мушаххасро бароятон пешкаш мекунем, то бифаҳмед, ки ин оила ба чи корҳои зишту палид қодиранд.

Ҷамшед Ятимов бародари хурдии СС ҳамсояҳояш бародарон  Абдурозиқ ва Абдухолиқ, писарони бобои Қурбоналиро маҷбур кард, ки хонаашонро ба вай бифурушанд. Аввал Абдурозиқро маҷбур кард, ки хонаашро бифурӯшад. Ин ҳамсояи бечора маҷбур шуд хонаашро, ки дар онҷо як ҳаёт зиндагӣ кардааст, бачаҳояш дар онҷо ба дунё омадаанд, ҳақу ҳамсоя ва хешу табор дорад ба вай фурӯшаду ба дигар ҷо кучбандад. Ҷамшед Ятимов дар деҳаи Аловиддин як хона ба Абдурозиқ харида медиҳад. Як хонаи нообод ва нимасохт. Ӯро мекучонаду хонаи ӯро ба замин ҳамвор карда дар ҷояш фермаи мурғу индуку фазан  месозад. Аз буйи бади фермаи мурғ бародари Абдурозиқ яъне Абдухолиқ маҷбур мешавад, ки аз инҷо бикучад. Моҳи марти соли равон Абдухолиқ ҳам хонаашро ба писари муллои деҳа фурӯхта ба Данғара меравад.

Маълумоти  дигари расида ин аст ки баъди дастгир шудани ронандаи СС. Ятимов ва Синои ҷиянаш барои ҷинояти қочоқи героин ҷияни дигараш Иброҳимзода Сунатулло судяи додгоҳи ноҳияи Фархор дастгир шуда буд. Аммо баъди як сутка озодаш карданд. Мегуянд, ки барои ҳамон «бор»-и Сино дастгираш карданд. Лекин аз кадом ҳисоб бошад, ки озодаш карданд. Ба гуфте Сино гуфта бошад, ки ин «бор» бори худаш аст. Дар он Сунатулло Иброҳимзодаи писари холааш шарик нест. Аз ҳамин ҳисоб судяро озод кардаанд.

Ҷинояти дигари Абдумумин Ятимов, бародари СС. Ятимов ин аст ки анбори деҳаро ба Шарофиддин Кабиров медиҳад. Хонаи падарии Шарофиддин Кабиров дар пушти ҳамин анбор воқеъ аст. Кабиров Шарофиддин дар паҳлуи хонаи СС.Ятимов замини хонагаҳ-участкаи наздиҳавлигӣ дошт. Он солҳо Абдулмумин дар хонаи бародараш СС. Ятимов зиндагӣ мекард. Худаш хона надошт. Ҳоло дар ин замини паҳлуи бародараш хона сохт. Ин хона не як қасри муҳташам аст. Замини анбори деҳаро бошад Шарофиддин Кабиров барои худаш хона сохт. Ин Кабиров Шарофиддин директори мактаб буд. Саги бовафои Абдулмумин мебошад. Ба замми ин бригадири заминҳои Абдулмумин ҳам ҳаст. Азбаски як пояш карахт шуд ба ҷояш писарамаки СС.Ятимов Файзалиро директори мактаби №15, ки ба номи Ятимов Саттор, падари СС мебошад, монданд. Бовар кунед, ки вай як пиёнискаи арақхур аст. Талабаҳоро руирост дашномҳои қабеҳ, ҳатто бар модарашон ҳақорат медиҳад. Ҳеҷ кас муқобилият карда наметавонад. Директориро ба «тағагӣ» гирифтагӣ аст.

Бо муаллимаҳои шавҳардору бешавҳар амалҳои шаҳвониашро ҳатто дар дохили мактаб анҷом медиҳад. Ҳатто талабаҳо аз ин амалаш огоҳанд ва чанд бор дидаанд. Аммо зури касе намерасад.

Ҷинояти дигари Абдулмумин  Ятимов  ин аст ки соли 2010 наваду ду участка замини наздиҳавлигӣ дар поёни деҳа, ки онро Навбунаҳо мегуянд ҳар кадоме аз онҳоро бо баҳои аз 2 то 4 ҳазор долларӣ мефурӯшад. Ногуфта намонад, ки 8 таҳҷоӣ дар ҳамин Навбунаҳоро Шарофиддин Кабиров ба аҳлу байти худ мегирад. Ба гуфти мардум онҳо бар ивази 700-800 долларӣ харидаанд. Ҳамин авлои Кабировҳо ними замини Навбунаҳоро гирифтаанд.

Ҷинояти дигари Абдулмумин ва Ҷамшед Ятимовҳо

Хирманҷои деҳа дар поёни хонаи муаллими Саттор қарор дошт. Ҳоло онҷо хонаи Ҷамшед Ятимов шудааст. Ними хирманҷоро Ҷамшед Ятиимов маҳкам карда гирифтааст. Ва нисфи дигарашро Абдулмумин истифода мебарад. Дар онҷо техникаҳояшро мемонад, яъне гараж кардааст.

Ҷинояти дигари Абдумумин ин аст ки гаражи колхозиро, ки дар чандин гектар масоҳат дошт, замини наздиҳавлигӣ карда фурухт. Аммо нисфи гаражро ба хусури бародари Ҷамшед Ятимов дод.

Ва боз  дар поёни қишлоқ замини котелний буд.Замини онҷоро ҳам 15 участкаи наздиҳавлигӣ карда фурӯхт. Аз он ҷумла ба қудои худаш Қурбонхон ҳам аз ҳамонҷо замини наздиҳавлигӣ дод. Тақрибан як гектар. Домодаш  дар онҷо қаср  бунёд кард.

Сообщение СС.Ятимов ҳам Раҳмоновро чапа карданӣ буд? появились сначала на ISLOH.net.

Э.Раҳмонов плотинаи Овчиқалъачаро ва қувваи барқи Қайроқумро ҳам ба қирғизҳо додааст
Салом бародар Муҳаммадиқбол! Аз Ғафуров бароятон менависам. Аз Овчиқалъача. Номаи ман муфассал аст. Онро, хоҳиш мекунам, ки алоҳида чоп кунед. Раиси ноҳияи мо «омада», сойкелдӣ аст. Аз Данғара. Гуё дар ноҳияи Ғафуров кадр намонд. Маҷлис мекунаду болои мардум миннат мегузорад, ки ҳукумат барои шумо ин карду он кард. Шарм намедорад, изо намекашад. Магар то омадани ин одам дар ноҳияи Ғафуров мардум кор намекард? Маълум аст ки ин нафар барои дуздиву бойшавӣ омада аст. Медонем, ки дар гузашта вазири тандурустӣ буд, раиси як ноҳияи Душанбе буд. Дар дуздиву ғорату коррупсия таҷрибаи калон дорад. Ин кадри Данғара мисли ҳамон русҳои давраи шуравӣ ҳастанд, ки аз марказ гирифта то ноҳияҳо дар мақоми котиби дуввум-котиби иделогӣ кор мекарданд, аммо амалан роҳбар ҳамонҳо буданд. Ҳоло ҳамин Нусратулло Салимзода ҳам айни ҳамон котибони дуввуми давраи шуравиянд, ки аз марказ фиристода мешуданд ва миллату дину оину урфу рафтору гуфторашон аз мардуми бумӣ ва маҳаллӣ фарқ мекард. Ҳатто дар ҷамоати мо як нафарро аз Данғара оварда масъули мизи ҳарбӣ таъин кардаанд.

Як масъалаи бисёр сахт, ки ҳоло дар пеши мо истодааст ин аст ки қисмате аз ҳудуди ноҳияи моро ба қирғизҳо додаанд. Дар байни мардум ҳамин хел гап-гап ҳаст. Хуб, ҳоло мавзуъҳоро аз як тараф менависам.

Мавзуи якум: Кормандони ҷамоат ва милиса
Баҳодур бо лақаби кур, корманди ҷамоат масъули мизи ҳарбӣ (вус), ду доғи судӣ дорад. Бо вуҷуди ин корманди ҷамоат аст ва хуни мардумро хурда истодааст. Ин бадбахт пештар мошини тамғаи Лексус дошт, ҳозир бо мошини тамғаи Хундай Авантеи сафед, рақами давлатияш 2222-02 мегардад. Худаш аз Данғара аст. Чанд бор мардум аз болояш шикоят карданд. Агентии коррупсия ва прокуратура бурда маҳкам ва делои ҷиноятӣ кушоданд. Аммо бо сум ва кумаки криша аз об хушк баромад. Бисёр бесавод аст. Ҳатто дуруст гап зада наметавонад, мегуӣ мактаб неву дар оғил ҳамроҳи гову гусфанд калон шудааст. Маълумоти олӣ ҳам надорад. Кришаи Баҳодур Суҳроб Самизод- корманди прокуратура аст. Ин Суҳроб хешутаборӣ бо пешвояшон дорад. Барои ҳамин бо вуҷуди доғи судӣ доштану бесавод будан дар ҷамоат кор карда истодааст. Ягон касро признават намекунад, гапи раис умуман намегузарад. Туҳмат карданӣ нестам, аммо ҳама мардум мегуянд бо Барно, як корманди дигари ҷамоат алоқаи маҳрамона дорад, чун ҳарду бисёр дар хилват мераванд, ҳамон Барное, ки дар рейди сатр иштирок мекунад ва бисёр бешарму ҳаё аст. Шавҳару чанд фарзанд дорад. Дар ҷамоат Иброҳим язнаи Баҳодур яъне шавҳари апааш кор мекунад. Доляву пули мардумро асосан аз мардум Иброҳим мегирад. Иброҳим аз Қистакуз аст. Занаш аз худаш калон аст, яъне апаи Баҳодур.
Иброҳим ҳамеша ҳамроҳи участковий Насим мегардад, чун участковий ҳақи дохил шудан ба хонаҳои мардумро дорад, якҷоя бо участковий шикори ҷавонон  мекунанд, то ба хизмат равон кунанд, ё ки сум кананд.
Баҳодур ба хонаҳои одамон даромада, руйирост таҳдиду ҳақорат мекунад.
Падарони ҷавонҳоро бурда маҳкам мекунад, то ин ки фарзандашонро ба артиш равон кунанд, ё ки доля диҳанд.
Ҳар призыв, аз ҷавонони синни сарбозӣ доля талаб мекунад: 1000, 3000, 5000сомонӣ.
Агар мардум туй карданӣ шаванд ё фарзандаш барои ягон моҳ аз муҳоҷират истироҳат биёяд, ҳатман доля талаб мекунад. Доляро гирифт чашмро мепушад.
Вақте ягон ҷавони сумдор ё шиносу связдор бошад, худаш неву амниятро роҳӣ мекунад. Амният ҳам албатта дар ин шикор дар доля ҳаст. Боз як манбаи дигари даромадаш ин сарбозфурушӣ аст. Вақте нақшаи даъват буд мешавад, ҷавононро дастгир мекунад ва аз онҳо пул гирифта сипас раҳо мекунад ё онҳоро ба дигар минтақаю ноҳияҳо мефӯрушад, дар нақшаи дигар ноҳия дохил мекунад. Албаттта, ҳамаи ин ставкаи баланд дорад: аз 5000сомонӣ боло.
Манбаи дигари даромадаш заминҳои деҳаро фурӯхтан аст. Дар ин кор албатта, вазифадорони ноҳияву вилоят шарик ҳастанд.
Дар ду тарафи роҳи мошингард ягон замини холӣ намонд, ҳамаро ҳуҷҷат карда фурӯхт.
Талаби мо мардуми Овчиқалъача ин аст ки ин ҳаромхури золим аз вазифа гирифта аз деҳаи мо дур карда шавад, то мардум аз ин золим раҳо гарданд.
Дар ин зулми Баҳодур- амният, раиси ҷамоат, милиса ҳама шариканд.
Раиси ҳозираи ҷамоат Абдуҳамид сокини ҳамин деҳа аст.
Боиси шармандагист, ки раиси ҷамоат, фарзанди ҳамин деҳа дар зулми мардум шарик аст, золимро бар зулмаш ёрӣ мекунад.
Худованд ҳидоят кунад.
Ин золимон як рӯз мераванд, ту Абдуҳамид ҳаминҷо мемонӣ, ба ин зулму ба ин ғорату дуздият чи ҷавоб медиҳӣ назди Худованд, назди мардум?
Вақте аз ягон ташкилоти байналмилалӣ ёрдам мебиёяд, ба мисоли орду равғану дигар маҳсулоти ниёзи аввала, руйи рост дуздӣ мекунанд.
Мо чанд бор шоҳиди дуздии кормандони ҷамоат шудаем
Охир ин ризқи фақиру камбағалон аст, чаро аз Аллоҳ, наметарсед, як рӯз мурдан доред.
Битарсед аз Аллоҳ!

Мавзуи дуввум: КДАМ ва кору фаъолияти КДАМ дар Овчиқалъача
Воқеан боиси шармандагист, ки чунин мақомоти бонуфуз, мақомоти қудратӣ, мақомоте, ки масъулияташ аз ҳама баланд аст, ба ҷои таъмин кардани амну субот дар кишвар ба корҳои пасту ночиз даст мезанад.
Имрӯз амниятӣ мактаб меояд, назди директори мактаб медарояд, соатҳо  онҷо мешинад.
Наход як амниятӣ дар мактаб гардаду кораш бечора директори мактабро ғам додан бошад.
Ин кор дар МТМУ №8 ҷамоати Овчиқалъача руй додааст.
Номи яке аз онҳо Ораз, яъне ҳамон амниятӣ.
Ту амниятӣ дар мактаб чи кор мекунӣ, террорист мекоби аз онҷо !?
Ба кору рафтори инҳо ҳайрон мешавӣ.
Бовар кунед диламон реш- реш мешавад аз кори ин амниятиҳо
Бо занҳои шавҳардори ин деҳа амали маҳрамона мекунанд, мо мешиносем   ин занҳоро. Мардҳояшон дар Русия, соҳиби кудак ҳастанд.
Аз Худо тарс амниятӣ!
Ту ҳам духтар дорӣ, хоҳар дорӣ, ба сари ту ҳам омаданист охир зино қарз аст мегӯянд, карди мекунанд!
Мавзуи сеюм: Худнамоӣ ва пешвозгирии Пешво
Моҳи апрели соли 2023 Пешвои миллат дар даруни нохунак бори дуввум ба деҳаи Овчиқалъача сафар кард. Бори аввал 16 сол пеш омада буд. Мо худ шоҳиди зиндаи худнамоӣ ва сохтакорӣ гаштем. Пеш аз омадани Ҷаноб тайёрии ҷиддӣ диданро сар карданд. Роҳҳоро қисм-қисман бо соҳибкорону мардум вобаста карданд. Ба сабаби омадани Ҷаноб роҳҳо қисман обод шуданд, набошад ҳамин хел 30 соли дигар меистод.
Мақсади асосии омадани Пешво ин бардоштани Парчами миллӣ ва ба истифода додани чанд иншооти дигар, ба мисоли Тибби Равшан, китобхона, сехи дузандагии Ёсуман, шуъбаи милитсия, сехи истеҳсолии Шарифҷон.
Таърихчаи аз тарафи соҳибкор сохта ва ба истифода дода шудани ин объектҳо чи гуна гузашт, нақл мекунам.
Чанд моҳ пеш раиси навтаъини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаноби Нусратулло Салимзода ҳар рӯз ба деҳа меомад, ҳамрохи архитекторону заминсозон.

Нақша ва объект муайян шуд. Маҷлис ва шахсони масъулро алоҳида даъват карданд.
Соҳиби «Тибби Равшан» Алишер писари собиқ корманди андоз, ки вафот кардааст.
Раиси ноҳия Нусратулло Салимзода, Алишерро фарёд карду гуфт дар инчо бояд клиникаи хусусӣ кушоӣ,  пул надошта бошӣ аз банк қарз гир, қарз намегирам гуӣ, ҷоятро кашида мегирем. Як каси дигар дар инҷо клиника мекушояд. Мақсад аз кашида гирифтан ин яъне бе ягон ҷубронпулӣ ё бар ивазаш замин додан, чизе, ки ба ту тааллуқ дорад, мегиранду ба як каси дигар медиҳанд.
Алишер маҷбур рози шуду қарз карда клиника кушод. Соҳиби китобхона,  бародари сардори Раёсати андози вилояти Суғд Воҳидов Абдуқаюм аст. Вай вазифадор шуд, ки дар онҷо китобхона бисозад. Бародари Воҳидов Абдуқаюм Хуршед ном дорад. Шароиту имкони сохтани китобхонаро надошт. Аз ин сабаб китобхонаро одамони Воҳидов Абдуқаюм сохта ба истифода доданд, ки то ҳол китобхона фаъолият дорад.
Сехи дузандагии Ёсуман аз тарафи соҳибкорзан Мадина таъмир ва ба истифода дода шуд. Бар ивази ин Мадина соҳиби ин объект гашт ва монополияи либоси мактабии деҳаро ба даст гирифт. Ин объекти нимтайёр ба ҷияни Генерал прокурор Раҳимов Абдураҳим прокурори вилояти Хатлон тааллуқ дошт, аз ин ҷиҳат бар ивази ин ба у замини дигар дода шуд.

Сехи истеҳсолии Шарифҷон тамоман сохтакорӣ аст. Биноро таъмир карданд, таҷҳизотро аз Душанбе оварданд, чанд навбат истеҳсол карданд, ба пешво нишон доданд, баъди чанд рӯзи фаъолият корро қатъ карда, ҳоло тамоман маҳкам аст. Таҷҳизоти истеҳсолиро обратно Душанбе бурданд. Ҳамаи ин корро дар 2-3 мох анҷом доданд. Фақат барои худнамоӣ ва сохтакорӣ. Ҳоло бошад сехи Шарифҷон тамоман кор намекунад. Китобхона қариб, ки хонанда надорад. Сехи дузандагӣ фақат либоси мактабӣ медузад ва монополияи кардааст. Зиёда аз 4000 талабаи мактаб ҳаст, агар аз ин зиёдтар набошад.
«Тибби Равшан» духтурони беморхонаи деҳаро овард. Акнун беморхонаи деҳа тамоман харобазор шудаасту кор намекунад.

Мавзуи чаҳорум: Мавзуи оби нушокӣ ва полезӣ
Мо, ки дар сарҳад бо Қирғизистон қарор дорем, оби сойи Хоҷабоқирғон аз тарафи қирғизҳо ба тарафи мо меояд.
Дар сарҳад мо як платинаи калон дорем, ки тақсимоти об байни деҳаҳо аз онҷо шуруъ мегардад.
Ҳоло ҳам ин платина дар дасти мо тоҷикон аст. Лекин шаҳрвандони оддӣ аллакай онҷо рафта наметавонанд, пурра ба дасти кормандони мақомот гузашта аст. Тахмин аст, ки онҷоро ҳам ба қиргизҳо дода бошанд, ин ҳукумати заиф.
Ин ҳукуматиҳо хонашери майдонғарибанд, зурашон фақат ба мардуми бечора мерасад, ки ягон гап гуфта наметавонанд.
Овчиқалъача, ки 25 ҳазор зиёд аҳолӣ дорад, оби нушокии тоза надорад, об ягон намуд коркард, безараргардонӣ,филтр карда намешавад.
Ҳоло ҳам мардум обро аз каналу ҷуйборҳо ба ҳавзҳои худ пур мекунанд ва аз он истифода мекунанд.
Дар ин ҷуйборҳо гоҳ памперсу гоҳ партовҳои гуногун мебиёяд аз боло, мардум маҷбур аст аз он об истифода барад.
Дар як деҳаи ин ҷамоат, ки Варашилобод ном дорад 2 ҳавзи бисёр калон сохтаанд, ки обашро тоза карда ба Бустон, Хуҷанд ва атрофи ин шаҳр мефиристанд, мефурӯшанд.
Ин ҳавзи калон дар контроли амният аст.
Сокинони ин деҳа аз ҷуйборҳои ифлосу чиркин об менушанд, инҳо бошанд тавонистанд то Хуҷанд оби моро гирифта баранд, ки масофа байни Хуҷанд ва Овчиқалъача 25км аст.
Дуюм мушкилии оби полезӣ аст. Мардуми деҳа замини корами бисёр дорад ва об барои мо ҳаётан муҳим аст.
Ин як муаммои вазнин барои деҳқонон мебошад. Аз сабаби камбуди об ҳар сол чи қадар ҳосил барбод мераванд, деҳқонон банкрот мешаванд.
Худи ҳамин сол ҳосили пахта тамоман кам шуд, чунки об надоштем. Азбаски пахта ҳам монополия аст, нарх хело паст шуд, деҳқонон сахт зарар диданд.
Ҳол он ки ҳукумат маҷбур мекунад, ҳар сол пахта кишт кунанд.
Мувофиқи ваъдаи ҳукумат вақте оби моро ба Хучанд бурданд, бояд барои заминҳои мо оби дарёи Сирро меоварданд, лекин оби моро гирифтанду ягон чорае барои ҳалли мушкилии мо наҷустанд.
Ҳозир аксари мардуми деҳа, ки пулу мол доранд ба дигар шаҳру дигар кишварҳо рафта кору фаъолият карда истодаанд. Ба Русия рафта фермаву боғҳои мева бунёд карда истодаанд. Ҳол он ки агар камтар шароити оддиро таъмин мекарданд, мардум инҷоро обод мекарданд. Сад афсус, ки ҳукуматиҳо парвои халқро надорад.
Як рӯз маҷлиси раиси ноҳия Нусратулло Салимзода бо соҳибкорони ин деҳа баргузор шуд. Раиси ноҳия дар маҷлис руирост гуфт, ки мо ҳаминқадар деҳаро обод кардем, акнун давомашро худатон обод кунед, назди ҳукумат кумак ё ёрдам пурсида наравед,д ар ҳукумат пул нест .(Ин одам, Нусратулло Салимзода, данғарагӣ, гуё Ғафуровро обод карда бошад. Акнун рӯзи мо ба ҳамин попасӣ афтодааст. Ин акнун ҳукумату мо раият, аҷаб давру замонае шуд)
Инҳо дар 30 сол як парчам сохтанд, чизе, ки ба мардум аслан даркор нест, 2-3 км роҳро базур асфалтпуш карданд, боз шарм нокарда мо обод кардем мегуянд.
Ҳол он ки инҷа ҳама андоз месупорад, ҳама хоҷагиҳои деҳқонӣ андоз месупоранд. Инҷо ҳама пули барқро месупорад. Мисли ҳоҷӣ Раҳматуллову Муҳиби номард бошаму зинда бошам намедузданд.
Пуле, ки аз ҷамоати мо ҷамъ карданд,агар дуздида намешуд,дар ин 30 сол як парчам неву 1000 парчам сохта метавонистанд. Сад афсус, ки корашон фақат дуздию ғорат аст. Вале, баростӣ аз ин парчами воҳима, ки меҳру муҳаббаташ дар дили ҳеҷ кас нест, чи фоида. Ин парчамҳоро, ки ҳозир мисли мусобиқа дар тамоми ҷумҳурӣ, ҳатто дар деҳаҳо сохта истодаанд, миллионҳои халқро дар сараш об рехтанд. Бовар кунед, агар барои як парчам, фарз кардем 200.000 харҷ шавад, онро ду миллион карда аз аҳолӣ меруёнанд. Охир парчамро давлат бояд созад на мардуми оддӣ .
Хандаовараш ин аст ки ҳукумати ноҳия базур як парчамро сохт, то ҷаноб омада онро кушояд.
Дере нагузашта ру ба руйи мо қирғизҳо парчам сохтанд.
Вакте ба деҳа наздик мешавӣ, аввал парчами қиргизҳоро мебинӣ,х аёл мекунӣ, ки Қирғизистон рафта истодаӣ.

Мавзуи панчум: қирғизҳо ва пурзуркунии қувва дар сарҳад
Мо сокинони Овчиқалъача дар ин солҳо чанд муноқишаи хунинро аз сар гузаронидем. Агар ин ҳукумат дар фикри халқ мебуд, мо ба чунин ҳолат гирифтор ҳам намешудем.
Муноқишаи хунине, ки соли гузашта ба вуқуъ пайваст, аз ёдамон то ҳол намеравад.
Дар ин муноқиша заифии вазорати мудофиаву сарбозони тоҷикро дидем. Агар дар муноқишаҳои солҳои пеш тоҷикон бартарият доштанд, қавитар буданд, охирон муноқиша қирғиз бартарӣ дошт, чи қадар техникаву технологияи навро дар ҷанг истифода кард ба мисли Байрактар, ки тоҷикон дар ҷавоб додан ба онҳо оҷиз монданд, ақибнишинӣ карданд.
Чанд БТР, мошинҳои ҳарбии моро аз кор бароварданд, ҳатто як танки гаронарзиши моро ба Байрактар заданд.
Ҳаррӯз бо дронхои худ дар болои деҳаи мо, Хуҷанд, Бустон, Гулистон чарх зада мегаштанд, ба чашми сар медидем, шабона ҳам разведка мекарданд. Ин муноқиша нишон дод, ки воқеан вазорати мудофиаи мо хеле хароб ва аз дигар тараф  дар коррупсия ғута задааст.
Баъди 3 — 4 муноқишае, ки давоми 10 соли охир сурат гирифт, ҳудуди мо кам шуда истодааст.
Қирғизҳо дар болои Плотина як части калон сохтаанд. Деҳаи Мақсад, ки бо деҳаи Овчиқалъача ба ҳам часпидааст, ба қиргизҳо тааллуқ дорад, аслан онҷо заминҳои мо буд.
Қирғизҳо онҷоро чунон обод карданд, сохтакорӣ карданд, ки гуё аз аввал замини қирғизҳо бошад.
Аммо ҳукумати мо бошад, ягон чораандешӣ намекунад. Фақат дуздиву ғоратгарии руйирост. Деҳаи Маскади Қирғизистон аз аввал аз ГЭСи Қайроққум барқ мехарад. Тамоми сол бо барқ таъмин аст. Дар инҷо лимити барқ нест, свет намемурад. Вақте мегуед, ки барқ доранду ба хориҷа мефурушанд, чоплусҳо руйи рост руяшонро сиёҳ мекунанд.
Ба қирғизҳо додани барқи тоҷик далели раднашавнада аст. 20 сол пеш, ки дар зимистон дар деҳаи мо лимити барқ буд, он вақт ҳам қирғизҳо барқ доштанд. Барқи истеҳсолкардаи худашон не, балки барқро аз мо мехариданд ва то ҳол мехаранд. Барои онҳо барқро ГЭС-и Қайроққум таъмин мекунад ва линияи ноқилҳо аз деҳаи мо гузаштааст. Мо, соҳибони барқ маҳрум ҳастем, аммо қирғизҳо аз моро мехаранду барқ доранд.
Ҳукумате, ки дар хизмати халқ нест, ҳукумате, ки манфиатҳои шахсиву атрофи худашро аз манфиати халқ боло мегирад, дар ҳақиқат ҳукумати золиму диктаторӣ аст. То ҳол фураҳои оилаи Раҳмонов аз қирғиз ба мо мегузарад. Замини болои стадиони футболе, ки мо ҳар сол мусобиқаи чемпионати футболи деҳа баргузор мекардем, ҳоло комилан ба мо дастрас нест.
Дар болои ин стадион қиргизҳо застава сохтагӣ ҳастанд, ки дар муноқишаи охир ба ин застава аскарони мо наздик ҳам шуда натавонистанд.
Чанд нафар сарбозони тоҷик дар ҳамин ҷо кушта шуданд.
Армияи мо очиз монд ё фармон аз боло шуда буд, ки ҳуҷум накунед, барои мо торику норушан  аст. Аммо инаш дақиқ аст ки дар муноқишаи охирон тоҷикон мағлуб шуда ақибнишинӣ карданд. Агар вазъу ҳол ҳамин бошад ҳам Воруху ҳам Чоркуҳ ва ҳам Овчиқалъачаро ба қирғизҳо медиҳад.

Охир ин чи давлату ҳукумат аст, ки масҷидро гирифтанду шуъбаи амният карданд. Бо номус ва бо муқаддасоти миллат бозӣ карданд, таҳқир карданд. Ин масҷид дар мобайни аҳолӣ, дар байни хонаҳо чойгир аст.
Шарм нокарда масҷидро маҳкам карданд, ба амниятхона табдил доданд.
Ҳозир бошад онҷо 5-6 амниятии аз «бачаҳакои боло» рӯзгузаронӣ мекунанд. Онҷо шаробу менушанд, ҳатто духтарҳоро медароранд. Ман, бахудо ба мусулмонии ин қавм аз Раҳмоноваш гирифта то ҳамин афсарони амниятиш шубҳа дорам. Аз инҳо ҳеҷ фоида ва ҳеҷ манфиате ба мардум нест. Барои гузоридани як лайк, барои гуш кардани як амри маъруф ҷавонҳоро мебаранду 307 мезананду зиндон мекунанд.
Ҳамин қадар ҳунар доранд инҳо.
Масҷиде, ки ба шуъбаи КДАМ табдил дода шуд, дар кучаи Юнуси Зуҳур вокеъ аст, маъруф ба масҷиди ҳоҷӣ Мансур, ки масҷиди тарафи адир ҳам мегуянд онро.

Даромади деҳаро ба заставаи калон табдил доданд.
Наход деҳаро пур аз сарбозу амниятӣ кунанд? Ҳеҷ суде надорад. Муноқиша ҳам шавад, ин сарбозон ҷангӣ ҳам нестанд.
Дар даромади деҳа заставаи сарбозон ҷойгир аст. Хело калон сохтаанд. Ҳукумати вилоят-Қофлонбой ин заставаро ба души Воҳидов Абдуқаюм, сардори Раёсати андози вилоят гузошта буд. Яъне застава аз тарафи Раёсати андоз сохта ва ба истифода дода шуд, дар ин кор ҳама шоҳид аст.
Дар бозори масолехи сохтмонии Баракат ҳастем.
Вақте ки хамон заставаро месохтанд, ҳар рӯз аз ҳар гушаи вилоят соҳибкорон меомаданд ва чанд миқдор масолеҳи сохтмонӣ харида ба Овчиқалъача равон мекарданд, яъне ба гардани онҳо бор карда шуда буд, ки як микдори муайян бояд масолеҳ равон кунӣ.
Бечора мардум ҳам андоз месупоранд, ҳам застава месозанд ва ҳам вақте муноқишаи хунин мешавад, қурбон мешаванд ва мисли ҳайвон мурда мераванд, ҳеҷ кас кордор нест, гуё ягон кас кушта нашуда бошад.
Дар ҳамин ҷанги соли гузашта ҳатто писари худи Воҳидов Абдуқаюм низ кушта шуд. Дар ҳукумат кор мекард, бачаи 30 сола буд. Худованд раҳмат кунад, марди хуб буд. Лекин баҳри чӣ? Барои чи ин қадар фарзандони мо кушта шаванд?
Барои он ки фураҳою мошинҳои Озода  ё Зоиру Шамсулло Соҳибов бе монеа гузарад ,барои онки наркотики Шамсулло бе монеа аз сарҳад гузарад. Хонаатон сузад  шумо барин ҳукуматиҳоро. Шумо ҳукумат ва ҳукуматӣ нестед, шумо ҳамоно ҳамон фронтихалқӣ боқӣ мондаед: дузд, гушна, носерам, ғоратгар. Инҳо на ба мардуми оддӣ раҳм мекунанд ва на ба кормандони худашон.
Вақте рӯзноманигорон барои гирифтани интервю баъди ҳамон муноқиша ба деҳаамон меомаданд, онҳоро амният як-як контрол мекард ва аҳолиро намемонд, ки гапи ҳақро гуяд, кори аслиро нақл кунанду журналистон ба мардум расонанд.
Ин аст ҳукумати Раҳмонов.
Вақте ба деҳаи мо дохил мешавӣ аввал бо заставаи сарбозон дучор меоӣ.
Баъди 200 метр амниятиҳо қади роҳро ба девори тунука  (оҳанин)  ограждения карда гирифтаанд, бар замми ин 2 гектар замини корамро.
Онҷо онҳо машқ мекунанду вақти худро мегузаронанд.
500-600 метр пештар меравӣ шуъбаи ВКД, Парчами давлатӣ ва идораи ҷамоат ҷойгир аст. Дар чанд хонаи одамон кормандони амният зиндагӣ мекунанд. Охир ин қадар худнамоиву ин шумораи зиёди сарбозон баҳри чӣ!? Бовар кунед, вақте ягон муноқиша мешавад, инҳо ягон кор карда наметавонанд. Охир харҷу масрафи ҳамаи ин мақомотҳои қудратӣ дар души сокинони деҳа бори вазнин аст. Инҳо ба он 1500-2000сомонӣ маоше, ки мегиранд, тоқат карда хизмат мекунанд, магар!? Сарбозоне, ки адои хизмат мекунанд, дуздӣ мекунанд. Амниятихо бошад корашон айшу ишрат, зиёфатхурӣ.
3-4 лаганбардорро аз деҳа ёфтагианд, дигар мегарданд ҳамроҳашон ташкилӣ ба ташкилӣ ва зиёфатхурӣ.
Талаби мо сокинони деҳа ин аст ки ҳамаи ин мақомотҳо аз деҳа бароварда шавад кучонанд ҳамаашро аз даруни деҳа. Инҷо военный городок нест, ку! Ҳамаро вайрон карданд. Духтарон бераҳа, занҳои шавҳардор бераҳа, писарбачаҳои мактабро бошад милисаҳо бузу бузғола кардагианд.
Дарди дил бисёр, ҳатто китоб нависам ҳам тамом намешавад.

Мавзуи шашум: Бузҳои деҳа. Воқеан ин як мавзуи доғ барои мо мебошад. Бисёр намехостем, ки дар ин мавзуъ нависем. Аммо ҳамаҷо аз бузу бузғола пур шуда  аст. Аз хонандагони мактаб сар карда то марду занҳои калон. Безебии кор дар инҷост ки ҳама сокини ҳамин деҳа мебошанд. Яке аз бузи калону руйи рости ин деҳа Абдуаҳади дискфуруш аст, ончунон бузи калон аст, ки ҳатто милисаҳо аз вай метарсанд.
Тюремчик мебошад. Дар вақти зиндон буданаш ҷароҳати вазнин бардошт, дигар фарзанд дошта наметавонад, модараш бемори руҳӣ аст.
Ба амнияту прокурор бузӣ мекунад.
Ҳар рӯз дар куча дар даст диск разведка карда мегардад.
Ончунон бузи серёзный ҳаст, ки як вакт як милисаро зад, он милиса ягон кор када натавонист.

Бузи дигар ин Абдурауф ном дорад, бачаи ҷавон- 30 сола, бо мошини Волсваген мегардад. Хонааш дар ҳамсоягии шуъбаи амният дар кучаи Юнусу Зуҳур аст.
Бисёр бузи ботаҷриба аст.Худаш контрабанда мезанад.
Бузи дигар Азим ном дорад, пусти дасташ сафед, пес аст.
Ба мошини Хонда Срв мегардад. Ин бо буз буданаш бисёр фахр ҳам мекунад.

Дар охир аз раиси ноҳия ҷаноби Нусратулло Салимзода талаб мекунем вазъиятро хуб дар ин нома бояд фаҳмида бошанд. Охир гуфта будед барои ободкардан омадаед ва шумо пулдореду барои пул кор кардан ба ноҳияи мо наомадаед. Охир ҳеҷ ободкории шуморо надидем , фақад коратон ва кори шафкаҳоятон пулҷамъкунӣ ва ғорату тороҷ аст. Дигар дар маҷлисҳо дуғу пописа ва сиёсат накунед , мо ғулом нестем. Агар тағирот ва ислоҳ нашаванд кормандонатон, ҳама ончи мақомот дар ноҳия мекунанд мо ба “Ислоҳ” менависем. Шумо вақте раҳм намекунед, мо ҳам дигар ба шумо раҳм намекунем!

Сообщение Э.Раҳмонов плотинаи Овчиқалъачаро ва қувваи барқи Қайроқумро ҳам ба қирғизҳо додааст появились сначала на ISLOH.net.

Талафоти ҷанги Қирғиз:- 41 ё 200 нафар?
Омори зидунақизи кушташудаҳои ҷанги миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рӯзҳои 14-17сентябри соли равон дар сарҳад ва деҳоти назди марзӣ аз тарафи мақомоти Тоҷикистон касро ба ин натиҷа мебарад, ки мақомоти тоҷик маълумоти воқеиро пинҳон дошта, талош мекунанд, шумораи қурбониёнро хеле камтар нишон диҳад.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар ин ҷанг 41 нафар ба шумули шаҳрвандони мулкӣ кушта шудааст. Аммо тибқи феҳристи интишордодаи радиои «Озодӣ» теъдоди кушташудаҳои ин ҷанг ном ба ном зикр шудааст 59 нафарро ташкил додааст.

Аммо тибқи маълумоти расида ба «Ислоҳ.нет» аз манобеи наздик ба вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар рӯзҳои ин ҷанг ҷасади 87 нафар аскару афсари Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон:-вазорати дохилӣ, вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Кумитаи амният аз фурудгоҳи Хуҷанд ба Душанбе интиқол дода шудааст. Дар қатори ин кушташудаҳо 25 нафарашон аз Вилояти Хатлон будаанд. Аз Ёвон ба “Ислоҳ” навиштанд: “ҳоло ду сарбози шаҳидро ба Ёвон оварданд яктояш аз деҳаи Савхози як, дигараш аз ҷамоати Ҳайёти Нав буд, дар мо мотаму фиғон аст”

Инчунин аз мақомоти Суғд навиштанд: “дар госпитали қушунҳои сарҳади аз вилояти Суғд дар умум 22 ҷасад сарбоз ва афсар ворид шуд имрӯз, ки ин ҷасадҳо фақат ба ғайр аз вилояти сугд мебошанд, ки бояд пас аз оромтар шудан ба наздиконашон ирсол шаванд ба дигар вилоятҳо ва ноҳияҳои кишвар.” Пас ин ғайр аз он 87 нафарест ба Душанбе, то ҳоло  ирсол шудааст, хуб диққат кунед!

Ин дар ҳоле аст, ки ба навиштаи Саломиддин Мирзораҳматов ва Бахтиёр Ҳамдамов танҳо дар як ноҳияи Исфара маросими хоксупории 53 нафар аз шаҳидони ин ҷанг доир шудааст:

«Пятьдесят три мирных жителя погибли только в Исфаринском районе. Число погибших в Канибадамском, Гафуровском, Джабборрасуловском районах уточняется, о чем мы сообщим в следующих публикациях».

Ин ҳам дар ҳоле аст ки бинобар навиштаи расонаҳои иҷтимоӣ дар деҳаи Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар асари ҳамлаи заминӣ ва ҳавоии қирғизҳо 20 нафар аз сокинон аз ҷумла 12 нафар дар дохили масҷид ба шаҳодат расидаанд.

Сайидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси ҲДТ навиштааст, ки дар ин ҷанг 60 нафар тоҷик кушта шудааст.

Дар феҳристи ироа намудаи «Озодӣ» исму насаби даҳҳо тан аз низомиён ба шумули афсарони Кумитаи амният, вазорати мудофиа, ОМОН-и вазорати дохилӣ ва Гвардияи миллӣ зикр шудааст. Дар ин феҳрист исми ронандаи фармондеҳи Гвардияи Миллӣ дар Исфара ҳам зикр шудааст, аммо маълум нест, ки ин сарбоз дар чи шароите, ба ҳангоми ҳаракат ва ё ширкати мустақим дар майдони ҷанг кушта шуда бошад.

«Бинобар хабари нашршуда дар сайти телеканали «Азия HD»-и шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба хонаводаи 19 сокини вилоят, ки дар ин ҷанг кушта шудаанд кӯмакҳои пуливу молӣ расонидааст.»

Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон Мурат Иманалиев дар як нишасти матбуотӣ омори кушташудаҳои низомиён ва афроди мулкӣ дар Тоҷикистон бар асари ин ҷангро 200 ва захмиёнро 400 кас эълон кардааст.

«Манбаи «Ислоҳ» аз вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, айни ҳол дар моргҳои Душанбе аҷсоди даҳҳо тан аз низомиёни Неруҳои мусаллаҳро нигоҳ медоранд. Ин манбаъ гуфт, ки ба моргҳо дастури қатъӣ дода шудааст, ки қурбониҳои ин ҷангро тавре ба соҳибонашон супоранд, ки «паника» ба вуҷуд наояд, мардуми пойтахт таҳти воҳима қарор нагиранд.»

Яъне, мурдаҳоро то ҳадди имкон бо навбат, бо фосила ва оҳиста-оҳиста бидиҳанд.

Айни замон тақрибан дар тамоми қаламрави Тоҷикистон, шаҳру деҳот як ё ду нафар аз аскару афсари кушташудаи ин ҷангро ба хок супорид даҳҳо хонавода дар азову мотам нишастааст. Агарчи ин бор низ Эмомалӣ Раҳмон-«Пешво»,«Падари миллат», «Асосгузори тоҷикҳову Тоҷикистон» на таъзияе баён карду не рӯзи мотам эълон намуд, аммо амалан Тоҷикистон дар мотам ва азо нишастааст. Дуди ҷигари волидону бонувон ва фарзандони ин шуҳадои гулгункафан замину осмони Тоҷикистонро сӯзонида истодааст, аммо Раҳмонову аъзои хонаводааш сари муе ҳам парво надоранд, мижааш хам намехурад. Чунки ҳеҷ яке аз аъзои хонаводаи вай, аъзои хонаводаи қудову андаҳояш, домодҳояш, хусурбачаҳояш дар ин ҷанг қурбонӣ надодаанд.

«Дар ҳоле, ки раиси ҷумҳури Қирғизистон рӯзи мотами миллӣ эълон кард ва дар тамоми қаламрав ва низ намояндагиҳои дипломатии худ дар ақсо нуқоти ҷаҳон парчамҳои кишврашро поин овард, тамоми барномаҳои тафреҳии радиову телевизион ва намоишҳои театру синамо лағв шуданд, хулоса давлат шарики азои миллӣ шуд. Аммо дар мо комилан баракс. Мисли онки чизе нашуда бошад, дар дусад хонавода азо набошад. Худи ҳамин муносибат ва бархурд нишон медиҳад, ки фосила байни Раҳмонов ва мардум чи қадар бузург аст ва инҷо ду бегона ва ду аҷнабиянд, ки маълум нест чаро ин ҳама муддат ҳамдигарро таҳаммул ва тоқат мекунанд.»

Бадтарин ҳолати ин рӯзҳои мудҳиш ҳамин ҳолате аст ки Ятимов бо Тошиев протокол имзо мекунаду табассуми фароху густардаи даври лабонашро наметавонад пинҳон созад.  Чандин афсари Кумтаи давлатии амнияти миллӣ, масалан ҳамин майёр Ғолиб Абдунабиев ва подполковник Олимшо Холиқназаров ҷоми шаҳодат нӯшиданд, мурданд, дар хонаи онҳо  мотам аст, кудакони хурдсолашон ятим шуд, аммо Раис,«масъули амнияти 10 миллион тоҷик» бе ягон азоби виҷдон ханда мекунад, изҳори хушҳолӣ мекунад, ки бо Тошиев протокол имзо кард.

Агар Раҳмонову Ятимов давлату давлатмадор мебуданд. ин ҳама куштору ин ҳама ҷанг ба вуҷуд намеомад, беш аз дусад нафар ҷони худро аз даст намедод.

Чаро Раҳмонов аз Ятимов суол намекунад, ки ту куҷо будӣ? чаро пешакӣ аз нақшаи ҳамла огоҳ нашудӣ? чаро ҷилавгирӣ карда натавонистӣ?

Дар воқеъ, чаро СС. Ятимов то инки ҷангу куштору хисороти ҷониву молӣ пеш наояд дар фикри музокираву протокол намешавад. Ва, чизи дигар, ки ин ҳам сахт муҳим ва суолбарангез аст: чаро аллакай дар рафти ҷанг метавонанд боҳам музокира кунанд? Яъне ҷанг рафта истодааст, Ятимов бо Тошиев гуфтугӯ мекунад. Шубҳаовар нест? Ҳанӯз ҳарфҳо дар даҳонашон боз ҳамдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд. Воқиан одам дар ҳайрат мемонад. Ҷанг шуд, хунрезӣ шуд, одамҳо мурданд, хонаҳо сӯхт. Вале гӯё чизе нашуда бошад, зуд  дар «тамос» мешавнаду тарҳи сулҳ меафкананд. Ин ҷо чи сирру асрорест. Вақте ҷанг шуд, хуб, бигзор оташбас шавад вале ақалан бояд як ҳафта бигзарад, ки тарафҳо сари мизи музокирот оянд, чун бо ҳамдигар дар қаҳранд. Аммо ин ҷангҳои марзии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мисле, ки ҷанг набошад. Ҷанг мешавад, сразу сари стол мешинанду переговор мекунанду ҳамаро ҳал  мекунанду имзо мегузоранду бо табассуми даври лабон мебароянду ҳисобот медиҳанд, ки мо ҳамдигарамонро фаҳмидем, тамом, дигар такрор намешавад. Гӯё ҳиҷ ҳодисае набуд, гӯё инсонҳо намурданд.

«Дар ҳақиқат ин як ҷанги сохтагӣ ва нақшавӣ аст ки ҳоло наметавон гуфт, ки ҳадафаш чи бошад.»

Боз ҳам такрор бишавад мегӯем, ки Тошиеву Ятимов бори чандум аст ки протокол имзо мекунанду боз ҷанг мешавад. Чаро? Нуктаи дигари омӯзанда ин аст ки бубинед Раҳмонов чи гуна ва бо чи роҳҳо ва бо чи талбису тазвиру риё тавонист халқи Бадахшонро бикушад. Дастаҳои ба одамкушиву одамхӯри омода кардаи Рустам дар Бадахшон таҷрибаи амалӣ гирифтанд. Раҳмонов гуфт, ки ман фармон додам, ки помириҳоро кушед, аммо инҷо сокит аст чизе намегуяд. Бале, инҳо хонашерони майдонғарибанд. Зӯрашон фақат ба мардуми худашон мерасад. Дар баробари як таҷовузи берунӣ коре аз дасташон барнамеояд.

«Ёдатон бошад Абдураҳмон Бузмаков –Аламшозода гуфт, ки бо дронҳо тамоми рафти тазоҳуроти сокинони Хоруғро сабт кардааст ва дар даст дорад, ки чи ҷиноятҳоро киҳо содир карданд. Вале ҳоло савол ин аст ки чаро аз он дронҳо-бесарнишинҳо дар ҷанги муқобили қирғизҳо, онгуна ки онҳо аз Байрактар истифода карданд, истифода нанамуданд. Дар муқобили халқи осоишта истифода карданд, аммо дар ҷое, ки зарур буд, истифода накарданд.»

Манобеи мо дар вазорати мудофиа гуфт дар Исфара чаҳор танку БТРи моро қирғизҳо заданд, ки экипажи онҳо –чаҳор панҷ нафарӣ ҷодарҷо ба шаҳодат расиданд. Ҳамчунин як тонки моро дар Овчи-Қалъача бо Байрактар задаанд. Як нафар афсари Кумитаи амният, ки номашро зикр накарданд, тири снайпер дар пешиниаш исобат кардааст.

КДАМ-и Тоҷикистон огоҳии комил дошт, ки Қирғизистон дар марз,махсусан дар Бодканд техникаи низомии зиёд оварда ва аҳолии деҳоти наздимарзияашро ба дарунтари кишвар куч медод. Маълум буд, ки ҳадафи ҳамла дорад. Аммо чаро натавонист бо роҳи дигар аз ин ҳамла пешгирӣ кунад, масалан ҳамин Протоколи имзо кардаашро пеш аз ҳамла имзо мекард ва агар нашуд чаро дар баробари онҳо омодагӣ нагирифт? Манобеъи қирғизӣ дар мавриди куч додани сокинони назди марзӣ ва овардани нерӯ ба сарҳадро чунин шарҳ доданд: “разведкаи мо маълумот дод,ки Тоҷикистон нақшаи ҷанг дорад ва мо тибқи он омодагӣ дидем.”   Агар чунин нақша доштед, чаро мардумро зери тиру тупи қирғиз амдан гузоштед?

Дар баёнияи вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ба деҳаи Овчи Қалъачаи Бобоҷон Ғафуров қирғизҳо ҳамла карда як зани солмандро бо шакли фаҷеъ куштаанд.

Магар аскару сарбозони мо куҷо буданд, ки онҳо даромаданд. «Масъули амнияти 9униммиллион нафар» куҷо буд?

Дар воқеъ ин савол аст ки Кумитаи амният, идораҳои контразведка, разведка ва развдекаи низомӣ чаро хабардор нашуданд? Ё хабардор шуданду буданд марги ин ҳама сокинонро мехостанд? Агар мегӯед на мо намедонистем? Қирғизҳо ошкоро мусаллаҳ мешуданд ва дар марз техникаҳои вазнини ҷангӣ оварданд. Мо чиро мунтазир шудем? Чаро тадбирҳои ҳамсон андешида нашуд, барои вокуниши саривақтӣ ва сареъ омода нашудем?

«Вале аз онки омори дақиқи кушташудаҳо дар ин ҷангро пинҳон медоранд, ҳиҷ муроде ҳосил намешавад, чунки маълумот бо ҳар роҳе бошад, берун меояд. Агар ҳадаф ҷилавгирӣ аз таъсири бади ин ҷанг ба маъракаи даъвати тирамоҳӣ бошад, хоҳед нахоҳед, таъсир хоҳад кард ва ин маъракаи даъват бисёр ҳам душвор хоҳад буд.»

Вале, бо онки ҳазорҳо аскару афсар доштеду доред, чи боис шуд, ки сар ба пойи Мирзохӯҷа Аҳмадов,Шоҳ Искандар ва Эшони Дароз (Фатҳиддин) қумандонҳои пешини Артиши Наҳзати исломии Тоҷикистон бимонеду нидои «Аллоҳу акбар» -ро барои худ сипар созед? Вале, ин мавзӯи матлаби дигар аст…

Ps: Хонандагони гиромии “Ислоҳ” бояд хуб донед, ки агар ҳазорҳо шаҳрванд кушта шавад ва ними Суғду Исфара, Чоркуҳ, Ворух бомбаборону қатли ом шаванд режим ҳеҷ парвое надорад. Ҳатман номҳои қурбониҳоро нависеду ба мо ва расонаҳои муътабар ирсол намоед, то онро расонаӣ кунем ва ҳама аз ин маҷзара ва қатли куштор огоҳ гарданд. Ҳукумат намехоҳад арқоми ростин ва ҳақиқатро ба мардум гӯяд, пас мо худамон шаҳрвандони кишвар ин корро метавонем анҷом диҳем. Раҳмонов ,то имрӯ дар фикри мо ва ту набуд , дар оянда ҳам ин чашмдоштро аз ӯ надошта бошед!

Сообщение Талафоти ҷанги Қирғиз:- 41 ё 200 нафар? появились сначала на ISLOH.net.

Раҳмонов мусалмон шуданӣ нест
Ҷаласаи раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Чолпон-атои Қирғизистон, ки чанд рӯзи пеш (21-июл) баргузор гардид, бори дигар исбот кард,ки «ислом» ,он чизе аст ки Раҳмонов аз он қади аҷал метарсад.

«Радикализми динӣ» дар адабиёти Раҳмонов ислом аст, на дини дигаре. Агар хаффош аз хуршед битарсад, Раҳмонов аз ислом ва мусалмонӣ метарсад. Раҳмонов, шояд танҳо ва ягона раиси давлати мусалмоннишини дунё аст, ки бо ислому мусалмонӣ мушкилаш решадору ниҳодина шудааст.

Дар ислом ва мусалмонон Пешво танҳо пайёмбарамон ҳазрати Муҳаммад, салаллоҳи алайҳи вассаллам аст ва ҳеҷ аҳаде дигарро бо ин рутба ва бо ин унвон садо задан ҷоиз нест. Аммо Раҳмонов худро пешво эълон кардааст.

Мушкили Раҳмонов ин аст, ки дар ҳамсояаш ҳукумати исломӣ сари кор омад. Толибон аз ислом ба чи шаклу шевае дар кори давлату мулкдорӣ истифода мекунанд, ҳарфи дигаре аст. Аммо бовар кунед, мушкили Раҳмонов Толибон нест. Мушкили Раҳмонов ислом, аркони он, қоидаву қонуни он, шариати он, адлу доди он, молияи он, иқтисоди он, ҳуқуқи башари он аст. Мушкили Раҳмонов исломи рӯи саҳна, исломи ҳамгоми ҳаёт, ҳамнафаси зиндагии инсонҳо аст. Ба истилоҳи имрузӣ исломи сиёсӣ аст. (Ислом аз оғоз то ба ҳол ҳеҷ гоҳ аз сиёсат ҷудо набудааст, балки ин ислом аст ки сиёсатро танзим ва таъйин кардааст).

«Ҳар ончи Раҳмонов дар бораи табъизи нажодӣ, маҳрумиятҳои ақалиятҳои миллӣ ва ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон мегуяд, баҳонаҳое беш нест. Мушкили Раҳмонов бо Афғонистони имрӯза ин аст ки сиёсати ин давлат комилан баракси сиёсати динситезона ва исломҳаросонаи Раҳмонов аст.»

Раҳмонов дар Чолпон-ато мегуяд, ки «нерӯҳои муайян, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш доранд, ки шаҳрвандони минтақаро ба амалҳои мухталиф ҷалб кунанд» ва мегуяд, ки «чолиши ҷиддитарин таблиғи идеологияи ниҳоят вайронгари радикализми динӣ дар Осиёи Марказӣ аст» ва боз ҳам мегуяд «рӯйдодҳои охир нишон доданд, ки ифротгароёни динӣ метавонанд, ҳар гуна нерӯи эътирозии ҷомеаи моро ба ҳадафҳои ғаразноки худ истифода баранд», бовар кунед, ки фақат барои худ ва давлату ҳукумати хонаводагии худ мегуяд. Бубинед, ки дар ҳар калимааш ҳарос аз дин ва нафрат бо ислом доштанашро пинҳон намесозад.

Раҳмонов мушкили шахсии худро, мушкили хонавода ва ҳукумати худро мушкили Тоҷикистон ва мардуми он ҷилва дода истодааст. Раҳмонов вақте мегуяд, ки дар Афғонистон ҳама ақшори ҷомеа дар ҳукумат ҷо надорад, чаро ин мушкилиро дар Тоҷикистон намебинад? Магар дар Тоҷикистон ҳукумати як қабила ва як оила нест?

«Мардуми Тоҷикистон бо Толибон ва Иморати исломиаш мушкил надорад. Иморати исломӣ ба Тоҷикистон чи кор дорад, агарки Раҳмонов дар Тоҷикистон ба он тоҷиконе, ки ҳоло дар сафи онҳо амал мекунанд, шароити зиндагӣ ва ҳаётро нагирифта бошад? Чаро мо бояд гурезаву овора дар мулки бегона бошем? Чаро хонаву дари мо, замину молу мулки моро Раҳмонов ихтиёрдорӣ бикунад? Чаро бояд Раҳмонов сӣ сол дар қудрат бимонад? Чаро Раҳмонов тамоми аъзои оилаашро соҳибмансаб кунад ва боқии мардумро мисли ғулому барда истифода барад?»

Ин ҳама мушкил, ки вуҷуд дорад ба маҳзи ҳузури тулонӣ ва сиёсатҳои ғайрибашарӣ ва ҷинояткоронаи Раҳмонов ба вуҷуд омадааст. Раҳмонов талош дорад, ки ҳамаро чапғалат диҳад, гумроҳ созад ва гул занад, то мушкили хусусии худро бори гардани мардум, бори гардани давлати тоҷикон кунад ва карда истодааст. Агар тамоми гурӯҳу ҳаракатҳо, ҳизбҳо масалан «Гурӯҳи 24» масалан ҲНИТ масалан ҳатто ҳамон Арсалон дар ватан бошанд, орому осуда зиндагӣ ва дар интихоботҳо иштирок кунанд, интихоботҳо шаффоф доир шаванд, кадом неру ва гурӯҳ аз берун метавонад ҳамла ва таҳдид кунад? Вақте Раҳмонов ҳақи зистан дар ватанро аз онҳо гирифтааст, вақте зистанро танҳо барои худ, қабилаи худ ва оилаи худ иҷоза додааст, чаро аз таҳдиди Толибон ва ҲНИТ-у хоҷаҳои хориҷӣ суҳбат мекунад? Ин худи Раҳмонов аст ки таҳдид ва хатар ба амнияти давлат ва мардуму миллат шудааст.

Раҳмонов ният ва нақшааш ин аст ки мардуми Тоҷикистон тамоми умр барои хуронидану пушонидани оилаи вай кор кунад. Сарбоз диҳад то ки вайро ҳимоят кунад. Пас, тут причем ҲНИТ, причем Гурӯҳи 24 ё дигару дигар? Раҳмонов тарсаш ин аст, ки аз хонаи сохтааш, аз пулҳои дуздидааш…. ҷудо мешавад. Чун дар ҳақиқат гунаҳгор ва муттаҳам аст, чун золим аст ва золимона давлат ронда истодааст. Раҳмонов ин ҳамаро хуб медонад, ки болои халқ зулм карда истодааст. Раҳмонов ба ин савол, ки чаро вай ва оилаи вай як ҳаёт дар сари қудрат бошад, ҷавоб надорад. Саволе, ки тамоми Тоҷикистон дар нуки забон дорад. Барои ҳамин ин Раҳмонов аст ки ба мушкили асосӣ, ба манбаъи хатар, ба мабдаи таҳдид табдил шудааст.

Ҳузури Раҳмонов дар ҳокимият иллат ва сабаби асосии нооромӣ дар кишвар хоҳад буд. Бояд кушоду равшан бигуем ва бидонем, ки ин вуҷуди Раҳмонов ва ҳузури вай дар қудрат мусаббиби тамоми бадбахтиҳои имрӯза ва оянда аст. Сад дарду дареғ, ки сӣ сол бозо як номусалмон болои мусалмонҳо ҳокимият мекунад.

«Ҳақиқат ин аст,ки Раҳмонов ҳукуматро бо ин шарту бо ин ваъда ва бо ин кафолату замонат гирифта буд ва барояш  дода шуд, ки ба ислом иҷоза ва имконоият намедиҳад. Ваъдааш ин аст, ки исломро нест бикунад. Вайро дар ин вазифа монданд, ки муқобили ислом истод бишавад, пеши густариш ва тавсеаи исломро биград. Идеологияи Раҳмонов идеологияи зиддислом аст. Дар ҳоле, ки беш аз 1униммилиард мусалмон дар дунё кору зиндагӣ мекунанд, даҳҳову садҳо мамолики мусалмоннишин вуҷуд дорад.»

Раҳмонов «Абобил»-и Ҷумҳурии исломии Эронро қабул дорад. Раҳмонов хайру садақоти арабҳоро қабул дорад, Раҳмонов сармоя ва пули Қатари салафиро қабул дорад аммо исломро бад мебинад. Вай мусаллаҳ мешавад на бар зидди Толибон, бар зидди ислом ва мусалмонҳо силоҳ мегирад. Вагарна бо Толибон тиҷоратҳояш дар равнақ аст. На танҳо барқ, ангишт, семент ҳатто тухм фурӯхта истодааст. Чанд баробар зиёд аз давраи Ғанӣ. Шамсуллои домодаш ҷайбҳоро аз фурӯши ангишти Ғарму Фалғар ба Афғонистон пур кард.

Раҳмонов бо ин мавзеъи оштинопазираш бо ислом бо Русия, Амрико ва Чин, ки ҳар кадоме бо таври худ бо ислом мушкил доранд худро қарин карданист. Яқинан дар он қисмат аз суханрониаш дар нишасти Чолпон-ато, ки бо хоҳиши худи вай ба таври пушида сурат гирифт аз ҲНИТ, аз Муҳиддин Кабирӣ, аз Ҷамоати Ансоруллоҳ аз Арсалон, аз ҳаводиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон суҳбат кард. Аммо, боз ҳам мегуем, ки Тоҷикистон ватани танҳо Раҳмонов ва қабилаи вай ва оилаи вай нест. Онҳо, ки ҳарфҳои ӯро шунавиданд, ҳатман ба худ суол хоҳанд кард, ки Кабирӣ ва ҲНИТ чи коре кардааст, ки бояд дар хориҷа ба сар барад. Вай, бояд дар ватани худ бошад ё хайр?

Вақте Раҳмонов аз шабакаҳои иҷтимоӣ эҳсоси биму тарс мекунад ва аз онҳо бо нафрат ёдовар мешавад, дурусту дақиқ моро дар назар дорад: «нерӯҳои муайян, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш доранд, ки шаҳрвандони минтақаро ба амалҳои мухталиф ҷалб кунанд».

«Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарфе барои гуфтан пайдо намекунанд, агарки Раҳмонов аз қудрат биравад. То замоне Раҳмонов дар қудрат аст ва қудрат дар Тоҷикистон ивазнопазир мемонад, шабакаҳои иҷтимоӣ сокит намеистанд. Раҳмонов дар ин нишаст эътироф кард, ки дар Тоҷикистон «неруи эътирозӣ» вуҷуд дорад. Аммо вай ҷойи онки пайи расидагӣ ва муколамаву муомила бо ин неруҳо бошад, аз он бим дорад, ки «ифротгароёни динӣ» аз онҳо «ба ҳадафҳои ғаразноки худ истифода мекунад». Агар замина, ангеза, сабаб омилҳо барои анҷоми амалҳои мухталиф набошад кадом қуввае қодир аст ки кореро бар хилофи майли мардум анҷом диҳад?»

Раҳмонов ҳамоно душмани қасамхӯрда ва рақиби сарсахти ислом боқӣ мондааст. Раҳмонов бо ҳамин шиор ва бо ҳамин принсип давлатдорӣ карда истодааст. Ҳамон сиёсати аз соли 1992 идома дорад. Раҳмонов худро мубориз, хатти аввали ҷабҳа, дар баробари ифротиҳо, радикалҳо, ваҳҳобиҳо ва салафиҳо тасвир карда истодааст.

Католик, православ, христиан, маҷусӣ, кришноит, даҳрӣ ҳатто ақалиятҳои ба истилоҳ ҷинсӣ  дар Тоҷикистон мушкил надоранд вале ин муллову масҷиду ислом аст ки дар Тоҷикистон мушкил дорад, худро ғарибу бегона ҳис мекунад. Раҳмонов қудрат ва курсии худро мадюни мухолифат ва душманӣ бо ислом медонад, ки дуруст ҳам ҳаст.

Владмир Квачков, сарҳанги пешини ГРУ ва асосгузори Фронти халқӣ, ки мегуяд ҳам Сангак ва ҳам Раҳмонов ҳосили кори уст барояш вазифа ин буд, ки Тоҷикистонро аз исломиҳо озод кунад. Вай гуфт, ки барои иҷрои ин кор кондиди Раҳмонов муносиб омад. Ҳоло акнун сӣ сол аст ки исломи азизро, ин дини оламшумулро, ин дини ростину барҳақро барои бақои қудрати худ душман рост кардааст. Қонун ва қоидаҳои зиддиисломии вай, ҷаримаҳо ва муҷозот барои таълиму тадрис, инки вай муллоҳоро водор кард, ки дар консерти Юлдуз иштирок кунанд, инки вай маҷбур кард, ки дасти шикасти Ленинро мараммат кунанд, аз ғаризаи зотӣ ва ботиниву дарунии вай гувоҳӣ медиҳад.

» Чаро кушоду рушан намегуяд? Чаро намегуяд, ки он неруҳои нооромкунанда кӣ аст? Ҳоло, ки дар дастат мадрак дорӣ, хуб бигу, дигар, чи хой-хой мекунӣ, шафшаф нагӯ. Бигу, ки чи дар даст дорӣ? Бовар кунед, ки ин ҳама ҳарфҳояш дуруғи маҳз аст. Агар далелу мадрак дошт, кайҳо гуфта буд.»

Дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Чолпон-ато Раҳмонов танҳо раиси ҷумҳуре буд,ки аз дин шикоят кард. Коре, ки сӣ сол аст мекунад, чун бо шиори «Нест бод Ислом» омада буд ва ҳамин ҳоло ҳам ҳамонро идома дода истодааст.

P.S :Дар матлаби баъдӣ ин мавзуъро, ки Русия дар пайи зораву илтимоси Раҳмонов қасд дорад ҲНИТ-ро террористӣ эътироф кунад, ин шо Аллоҳ ба баррасӣ хоҳем гирифт.

Сообщение Раҳмонов мусалмон шуданӣ нест появились сначала на ISLOH.net.

Раҳмонов 8 соат барқ ба аҳолӣ ва 16 соат ба хориҷ мефурӯшад
Як ҳафта мешавад, ки ҳамагӣ се соат: -аз 5 то 8 -и субҳ ва бегоҳ аз 17 то 22-и шаб ба сокинони Тоҷикистон нерӯи барқ дода мешавад ,яъне аҳолии Тоҷикистон 16 соат дар шабонарӯз бидуни дастрасӣ ба рӯшноӣ ва гармӣ ба сар мебаранд.

Ин ки ширкати «Барқи тоҷик»  ҳеҷ гоҳ дар бораи ҷорӣ кардани лимити барқ аз қабл эълон намекунад, тайи ин сӣ соли ҳокимияти Эмомалӣ Раҳмонов на як бору ду бор шоҳид шудаем. Аммо масъулони ширкати мазкур ҳамоно бо дурӯғу найранг мехоҳанд ин бор низ мардуми  Тоҷикистонро гӯл бизананд. Ин чи гуна таъмиру навсозӣ будааст, ки якбора дар саросари Тоҷикистон сурат мегирад ва айнан дар сооти муайян. Магар нерӯгоҳҳо -истгоҳоҳҳои тавлиди барқ бо садама дучор шудаанд ва он ҳам ҳамагӣ ва ё инки обанборҳо аз об холӣ шудаанд? Дар ҳоле, ки тоза тирамоҳ шурӯъ шуда ва тобистони дароз обанборҳо лаболаб шуда буданд.

Дар ҳар ҳол ҳоло дар 24 соат ҳамагӣ 8 соат барқ дода мешавад, ки дурусту дақиқ айни  солҳои қабл аз роҳандозии ду чархаи нерӯгоҳи Роғун ва низ дуто Маркази барқу гармидиҳии Душанбе мебошад.

Аммо ин маҳдудият дуруст аз ҳамон рӯзе оғоз шуда буд, ки Эмомалӣ Раҳмонов фурӯши рӯзона 1.5 млн кв/соат нерӯи барқ ба Қирғизистонро шурӯъ кард. Аз 30 сентябри соли ҷорӣ ва қирғизҳо гуфтанд, ки пешниҳоди содироти барқ ба онҳоро мақомоти худи Тоҷикистон доданд.

Ин светкушӣ боиси эътирозу хезишҳо ва тазоҳурот намешавад?

Чаро қирғизҳо аз Тоҷикистон нерӯи барқ мехаранд? Магар Тоҷикистон нерӯи барқи изофӣ дорад? Нерӯи барқи Тоҷикистон аҳолиро таъмин мекунад? Агар таъмин кунад, чаро лимити барқ ҷорӣ шуд?То онҷо, ки мо иттилоъ дорем содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва Қирғизистон ягон киловатсоат кам нашудааст ва ҳамчуноне, ки буд ,идома дорад. Агар дар арсаи барқ корҳои тармиму таъмир рафта истода бошад, чаро барои мардум лимит ҷорӣ шудаасту аз сдироти он ба Афғонистон ва Қирғизистон коҳиш наёфтааст?

Мусаллам аст, ки кори таъмиру тармим, ки ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд. як дурӯғи шохдор аст. Ҳеҷ гуна таъмиреву тармиме  ҷараён надорад ва яқинан дар таъминоти нерӯи барқи аҳолӣ маҳдудият ҷорӣ шудааст.

«Пешвои тоҷикони ҷаҳон тоҷикони Тоҷикистонро бори дигар ба санҷиш ва озмоиш гирифта истодааст, ки имсол ҳам тоқат хоҳанд кард, ки дар торикиву сардӣ тирамоҳу зимистонро  пушти сар кунанд ва ё «конца концов»  ин бор  ин «светкушӣ» боис ва замина барои тазоҳуроту эътирозот ва гирдиҳамоӣ мешавад ва халқи тоҷик алайҳи ӯ мехезад.»

Дар воқеъ ин тоқат ва таҳаммули мардуми мо то ба кай давом мекарда бошад. Бубинед, ки ҳамин қирғизҳо, ки чандин маротиба ҳукумат ва раиси ҷумҳуриҳояшонро барои онки бо мардум соз нагирифтанд, сарнагун карданд. Ин дар ҳоле, ки дар муқоиса бо Раҳмонов ҳатто ҳамон Қурмонбек Боқиев дар фикри мардумаш буд.

Аммо, бубинед, ки Раҳмонов халқи худашро аз қувваи барқи худи ин мардум маҳрум карда ба хориҷа онро мефурӯшад. Он хориҷиҳо ҳам барои онки мардумашон бебарқ набошанд, харидорӣ мекунанд.

Ҳоло савол ин аст ки чаро ҳукумати Қирғизистон дар фикри таъминоти аҳолиаш бо нерӯи барқ асту аз мо мехарад вале ҳукумати мо-Эмомалӣ Раҳмонов  аз ҳалқу коми халқи худаш  кашида гирифта мефурӯшад ва халқи худашро дар торикиву дар сардӣ нигоҳ медорад? Он чизеро, он молеро мефурӯшад, ки мо шадидан ба он ниёз дорем, ба худамон намерасад. Чаро Раҳмонов ин корро мекунад?

«Хуб, гуфтем, ки то корандозии ду чархаи Роғун ва ду ТЕС-и Душанбе камбуди барқ доштем, хуб бигзор ба афғонҳо ҳам бидиҳем, чун ҳамсояанду бо онҳо аз қабл «договор» дорем, аммо ин камоли беэҳтиромӣ, ин камолӣ номардиву ноҷавонмардӣ ва чени  як гов ва як буз надонистани халқи тоҷик аз сӯи Пешвои муаззами он Падари миллат аст, ки ба қирғизҳо барқро бизнес кард.»

Дар ҳоле, ки медонад, хуб ҳам медонад, ки  нерӯи барқ ба аҳолии худаш мисли обу ҳаво зарур аст. Зиёд буд, изофӣ буд, гапи дигар. Вале вақте дар тани худат ҷомаву шалвор надорӣ, чаро онро аз танат кашида ба каси дигар медиҳӣ? Каси дигаре, ки дар ин авохир туро чашми дидан надорад. Душман шудааст. Дар тамоми дунё муқобили ту гап мезанад.

Вале боз ҳам чаро ин «Пешвои  муаззами миллат» ва ин «Падари тоҷикони дунё»  тоҷикони дар бечораву камбағали рӯ ба раҳми Худо кардаашро боз ҳам зери азобу ранҷу дарди дештар мекунад? Аз даҳани онҳо мезанаду ба даҳани дигарҳо мемонад. Рӯзи сиёҳашонро боз ҳам сиёҳтар мекунад? Чунки ин Пешвои миллат омӯхта шудааст, чунки мо- мардуми «тамаддунофар»  Пешвоямонро барои пешвоӣ  «ниҳодина» кардаем. Айнан барои онки светҳоямонро мекушаду хонаҳоямонро, мактабамонро, бемористонҳоямонро коргоҳамонро сарду торик  кардааст, «ниҳодина»  кардаем,мо ҳам «омӯхта» шудаем. Мо, аз вай метарсем, мо ҷуръат карда сар боло намекунем, мо аз вай намепурсем,ҳаққи ҳалоли худамонро аз ӯ талаб намекунем.Ва вай ҳам аз ҳамин тарсуии мо ин ҳама сӣ соли дар ҳукумат буданаш суистифода карда истодааст. Вагарна чаро гармиву равшании моро мегираду мефурӯшад?

Қирғизҳо чунин нестанд. Онҳо ҳукуматҳояшонро водор мекунанд, фишор меоваранд ва агар накард сарнагунаш мекунанд. Барои ҳамин аст, ки Содир Ҷабборов аз Тоҷикистон «свет» мехарад, гармиву рушанӣ ба мардумаш медиҳад.

Раҳмонов тоҷикҳоро ба як пули пучак, ба як тини зардак намегирад. Светашро мегираду мефурӯшад .

Шоири маҳбуби миллат Раҳмоновро дуруст шинохтаву дуруст баҳо дода буд,ки «агар сад Нораку Роғун бисозад, Бимонад  Тоҷикистон торикистон». Чунки Лоиқ фаҳмида буд, ки Раҳмонов барои ин миллат ва ин халқ оби ишкамашро намеҷунбонад, рӯдағафс шудааст. Вай аз халқ фақат баҳракашӣ мекунад.

Ман бовар дорам, ки Раҳмонов то анҷоми лимити барқ дигар ба сафарҳои корӣ ба ноҳияҳо намеравад. Мисли хирс ба ба хоби зимистонӣ меравад. Хонаи худаш гарму рӯшан, хонаи Рустам гарму рӯшан, хонаи Озода ва хонаи домодҳову ҷиянҳо гарму рӯшан, боқии мардумро задагӣ, кашидагӣ.

Аз мардум барои сохтмони Роғун пул гирифту ба Ҳасани додарарӯсаш аз он пул Боинг хариду дод. Ҳоло он Боингро саворӣ кардаву мераваду меояд. Ҳоло на аз саҳмияву Саҳмибону Роғуну Роғуншоҳ гапеву хабаре нест.

«Мо ҳамин чанд рӯзи пеш  ҳадс зада будем, ки имсол  назар ба солҳои пешина таъмини нерӯи барқ бадтар мешавад. Аммо ба ин ҳад ва бо ин бепӯстурӯӣ ва бо ин беҳаёи аз моҳи сентябр лимит ҷорӣ карданашро интизор надоштем. Ҳамагӣ 8 соат дар шабонарӯз!!! Ин беинсофӣ ва ин бераҳмӣ то ба ин сатҳро, то ба ин ҳадро намешавад таҳаммул кард. Охир бас будагист!!!То кай ин мардумро ба ин ҳоли зор нигоҳ медорад ин пешвои ниҳодинашуда?»

Мавсими муҳоҷират тамом шуда истодааст ва муҳоҷирон меоянд, ки як каме дар назди хонавода, падару модару зану фарзанд истироҳат кунанд, аз ҳавои ватан нафас кашанд. Аммо меоянд бо сардиву бо торикӣ рӯбарӯ мешаванд. «Биҳишти рӯи замин»-и сохтаи Раҳмонов ҳамин аст? На ҷойи кор диҳад, на маоши дуруст диҳад, на нафақаи муносиб. Боз аз ҳақу ҳисаи мардум мезанаду мефурӯшад. Сафар ба  Аврупо мекунад. Барои тиллову сангҳои қмматбаҳои халқи тоҷик харидорковӣ  омадааст. Суратҳисобҳояшро хабаргирӣ омадааст. Ҳоло агар 6-7 моҳи тирамоҳу зимистон ба қирғизҳо нерӯи барқро бифурӯшад, бояд боз як суратҳисоби оффшории нав боз кунад. Дигар дилаш пур, ки нафаре мисли Убайдуллоевро дар «ақибгоҳ» надорад, ки  дар курсиаш чашм ало мекард. Ошкоро гуфт “агар ба сиёсат дахолат кардед яъне ба курсии ман чапнигоҳ карди зиндонӣ мешави”Дигар дар набуди ӯ Рустам ҳаст. Озодаро намегӯӣ?! Як самти лингашро бардорад, тамоми вазиру кабирҳои ҳукумат дар тагаш мемонанд.

Вай дар Аврупо бояд барои тиллову лаълу алмоси Бадахшону Панҷшер  харидор ҷӯяд. Барои евробондҳои Роғун. Барои Роғуне, ки ҳузури онро на соҳибони саҳмияҳо, қирғизҳову толибон дида истодаанд.

Як чарха не ду чархаашро гардон кард як ТЕС не ду то сохт! Бар ивази ин ТЕСҳо 153 тонна тиллои Кумарғи болову Дуобаи Айниро ба хитоиҳо дод. Вале халқи тоҷик ҳамчунон,ки тайи ҳукуматдории вай дар торикиву сарди зимистонашро мегузаронд, имсол ҳам ҳамчунон, мурдамурда пушти сар мекунад.

Қирғизҳо гуфтанд, ки  дар гӯшаи хиёламон набуд худи Раҳмонов пешкаш кард. Мардум бимирад деги Раҳмонов биҷӯшад. Магар ҳамон пулеро, ки қирғизҳо барои нерӯи барқ медиҳанд, худи мардуми Тоҷикистон дода наметавонад?

» Фарқияти пуле,ки  қирғизҳо барои нерӯи барқ ба Раҳмонов медиҳанд аз нархи барои мардуми тоҷик таъйин карда, чи қадар бошад, ки носерами Раҳмонов ба хотири ҳамон чаҳор танга шуда халқи худашро абгору қашшоқтар мекунад? Гумон намеравад, ки бисёр зиёд бошад. Ҳоло ҳар моҳ 50 млн.кв/соат ба қирғизҳо барқ мефурӯшад. Аммо чуноне гуфтем, нархашро намегӯяд ва ба қирғизҳо ҳам шарт гузоштааст, ки нархашро эълон накунанд, то тоҷикҳо нафаҳманд.»

Ҳоло тасаввур кунед, ки ҳазорҳо ҳазор мағоза дар кишвар аз ҳисоби ҳасибу ширу сметанаву қаймоқу равғану паниру  моҳиву мурғу….дигару дигар, ки бидуни  яхдон хароб мешаванд, зарар мебинанд. Коргоҳҳои хурде, ки кулчақанду хлебу  нону дигар маҳсулоти ордӣ истеҳсол мекаранд, масалан печени, торт ва ғайра аз кор монданд. Автозаправкаҳо чӣ? То кай ин ҳол давом мекунад? Мактабу бемористонҳо чӣ? Шуъбаҳои бонкҳо бекор. Дарди сар барои гирифтани пули аз Русия меомада. Хонаҳо сард. Палатаҳои сард, синфхонаҳои сард.

Ин зарари миллионӣ ба ҷайби мардум аст.

Ана ин аст Пешвои миллат,Пешвои муаззам, Падар тоҷикони дунё.

Ҳамин ҳолу аҳволи мардумро дида чоплусону косалесони Раҳмонов вақте аз пешрафту тараққиёт ва аз ниҳодина шудани давлат мегӯянд, бори дигар итминон ҳосил мекунам, ки нафрину лаънати мо ба онҳо дуруст аст.

Аммо мо- мардуми Тоҷикистон бояд коре бикунем, чун  то коре накунем, чизе иваз намешавад. Мардум бояд фишор оваранд, мардум бояд водор кунанд ӯро,савганд ба Аллоҳ агар эътироз накунем,ки ҳаққи ҳалоли моро нафурӯш ва онро бароямон деҳ, ин носерам аслан таваҷҷӯҳе намекунад.

Ин дар тамоми дунё роиҷ аст,ки дар сурати ноуҳдабароӣ мардум худаш ҳокимияташро дигар мекунад. Ин навбати «светкушӣ» бояд, ки асосу сабаб барои тазоҳурот ва эътирозоти мардум бишавад. Мардуми тоҷик ин ҳақро дорад, ки бо гармӣ ва рӯшноӣ таъмин бошад. Ҳақ дорад, ки барои мол ва ҳақи худаш,ки Раҳмонов барои пур кардани кисаи худаш фурӯхта истодааст, қиём кунад, ба хиёбонҳо бирезад ва онро талаб кунад.

Сообщение Раҳмонов 8 соат барқ ба аҳолӣ ва 16 соат ба хориҷ мефурӯшад появились сначала на ISLOH.net.

Раҳмонов барқро ба “Толиб” бе пул вале ба “Қирғиз” мефурӯшад, шумо дар торики “шукрона”и ӯ кунед!
Бо оғози фурӯши  қувваи барқ ба Қирғизистон  Эмомалӣ Раҳмонов бори дигар исбот кард, ки барои вай  ҳеҷ чизе ба ҷуз аз  «бизнес» ва ҳукумати «оилашумул»и худаш барояш арзиш ва аҳамият  надорад ва вай барои доллар шуда омодааст, ки шаъну шараф, номус, ватан, халқ ва давлаташро ҳам бифурӯшад.

Ҳама таънаву мазаммату таҳқиру дашноми қирғизҳоро бигзорем канор аммо Қирғизистон дар сатҳи мақомоти давлатиаш Раҳмонов ва давлати Тоҷикистонро мутаҷовиз хонда ва эълон кард, ки Раҳмонов бо ҳамла ба хоки ин кишвар  даҳҳо муқаррароти байналмилалиро нақз кардааст ва аз ин ҷиҳат ҷиҳати муҳокимаи ин кишвари мутаҷовиз аснод ба ниҳодҳои байналмилалӣ пешниҳод кардааст.

Ҳоло ранги қалами додраси қирғиз , ки ду исфарагиро барои ҳимояти ватанаш ҳукми абад дод, нахушкидааст, ҳоло, ки қирғизҳо ба дархости мукаррари Раҳмонов ҷиҳати ифтитоҳи роҳ посухи рад додаанд, Эмомалӣ Раҳмонов содироти нерӯи барқ ба Қирғизистонро  шурӯъ кардааст. Хабаргузориҳои  хориҷиву дохилии Қирғизистон аз қавли Азиз Аалиев, ноиби аввали нахуствазири ин кишвар навиштаанд, ки  ин худи тоҷикҳо буданд, ки  бо пешниҳоди фурӯши барқ ба онҳо муроҷиат кардаанд. Ин чунин маънӣ дорад, ки қирғизҳо, бо ин вуҷуд ки шадидан бар нерӯи барқ эҳтиёҷ  доранд, аз Тоҷикистон нахостаанд, ки барояшон электроэнергия диҳад, ин тоҷикҳо ва ин Раҳмонов аст, ки муҳтоҷона пешкаш кардааст, мисли онки нерӯи барқ дар Тоҷикистон як моли зиёдатисту ҷойи партофтан надорад ва «утилизатсия» шудааст.

Аз Тоҷикистон ба мо занг зада хоҳиши хариди барқро карданд…

Ноиби аввали  нахуствазири Қирғизистон, ки дар як нишасти хабарӣ сӯҳбат кардааст, мегӯяд ҳамтоёни тоҷикашон  бо илтимосу   илтиҷо пешниҳод кардаанд, ки нерӯи барқи онҳоро бихарем. Ин занг  гуфтааст Азиз Аалиев дирӯз (30 сентябр) буд ва имрӯз (1 октябр) аллакай ду соат пештар дар манотиқи ҷанубии кишвар  интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон сар шудааст.

Ба гуфтаи ноиби аввали сарвазири Қирғизистон  «дар як шабонарӯз мо 1.000.000 кВт/соат электроэнергия мегирем. Имкон дорад тӯли моҳ ин рақам аз 30 то 50 млн кВт/соат афзоиш ёбад».

«Аммо Азиз Аалиев ба кадом қиммат харидорӣ кардани нерӯи барқи Тоҷикистонро пинҳон доштааст. Гуфта мешавад ин шарти ҷониби Тоҷикистон будааст, ки дар бораи нархи нерӯи барқи содиротӣ аз Тоҷикистон ба ин кишвар чизе гуфта нашавад. Ҳамчунин дар бораи наҳваи пардохт ва инки маблағи он ба кадом ҳисоб хоҳад рафт низ набояд чизе гуфта мешудааст. Беш аз ин гуфтугӯи миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи содироти нерӯи барқ на дар сатҳи ширкати «Барқи тоҷик» ва ширкати миллии Қирғизистон, балки дар сатҳи ҳукумати ин кишварҳо сурат гирифтааст ва фаврияти содироти барқ то ба ҳадде будааст, ки баъди ду соати сӯҳбати телефонӣ ва дастёбӣ ба тавофуқи муқаддамотӣ содироти он аз қисмати шимолии кишвар -вилояти Суғд шурӯъ шудааст.»

Аммо содироти нерӯи барқ ба Қирғизистон дар ҳоле оғоз мешавад, ки дар навоҳии шимоли кишвар, тибқи иттиллои расида ба мо ҳатто дар тобистони имсол мушкили таъмини барқ  вуҷуд дошт ва айни замон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд лимити эълоннашуда амал мекунад. Рӯзона ҳатмани ҳатман барои чанд соат нерӯи барқ қатъ карда мешавад.

«Ҳоло саволи асосӣ ин аст, ки чаро Раҳмонов ба Қирғизистон, ки  ҳама робитаҳоро қатъ кардааст, барқ мефурӯшад? Қирғизистон, чуноне гуфтем, роҳҳояшро бастааст, ҳатто донишҷӯҳои тоҷикро, ки дар донишгоҳҳояш таҳсил мекарданд, иҷзоати идомаи таҳсил надод, Ҳам замину сарҳаду қаламрави қонунии Тоҷикистонро ишғол кардааст ва ҳам аз болои Тоҷикистон дар тамоми дунё шикоят карда истодааст.»

Хуллас, қирғизҳо моро ба тамоми имконияти доштаву надоштаашон як миллати таҷовузгар ва як миллати барбар тасвир карданд.

Тибқи маълумоте, ки ба «Ислоҳ.нет» расидааст, қувваи барқро тавассути як зеристгоҳ,ки 10 соли пеш сохта шуда буд, аз қаламрави  вилояти Суғд фурӯхта истодаанд. Қирғизҳо шиква доранд, ки сатҳи Тохтагул-обанбори асосии ин кишвар ба ҳадди буҳронӣ расидааст. Ҳоло «Баҳри тоҷик»-и Қайроққум ҳам камоб аст. Чунки тобистони дароз обро ба ҷойи онки захира намоянд ба Қазоқистон фурӯхтанд. Ба вилояти Суғд аз тарафи ҷанбуби кишвар тавассути зеристгоҳҳо интиқол медиҳанд, ки қисме аз онро ба қирғизҳо мефурӯшанд. Ба ин ҳисоб барқкушӣ дар вилояти Суғд дар муқоиса бо соли гузашта бештар мешавад, чун аз ҳисоб ва ё саҳми ин вилоят ба Қирғизистон содир мешавад

Аммо Эмомалӣ Раҳмонов ҷойи онки интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистони Толибонро ҳам қатъ мекард, ба як кишвари дигаре фурӯши барқро ба роҳ монд,ки муносибат ва ҳамкориҳояшро бо мо қатъ карда ва дар мавқеи ғайридӯстона қарор гирифтааст.

Дар миёни ин муомилаҳо бо Афғонистони Толибон ва Қирғизистон, ду кишвар дар ҳоли ҷанг бо Тоҷикистон  ба ҷуз аз доллар, ба ҷуз аз бизнес, ба ҷуз аз даромад чи чизи дигар буда метавонад?

«Ҳам қирғизҳо ва ҳам Толибон дар баробари Тоҷикистон ва тоҷикон сангар ва ҷабҳа дуруст кардаанд, аммо бубинед, ки барои Раҳмонов чӣ чиз боаҳамият аст? Бале, тиҷорат. Тиҷорат бар ивази ҳама чиз, ҳатто номус, ҳатто шараф ва ҳатто ватану миллату давлат? Пас, кӣ хоину ватанфурӯш аст? Раҳмонов ё ҲНИТ?»

Хуб, бигзор, ки бо Афғонистон қабл аз омадани Толибон қарордод баста шуда буд ва давлатҳо бояд тааҳҳудашонро риоят кунанд. Аммо, вақте худро падару пешвои тоҷикони дунё меҳисобад, чи тавр барои душманони тоҷикон нерӯи барқ содир мекунад. Чи тавр барои ҳукумате,ки худаш эътироф накардааст, муомили тиҷоратӣ дорад? Вақте Раҳмонов аз ҷомиаи ҷаҳонӣ даъват дорад, ки Толибонро, то онки ҳукумати ҳамашумул ташкил накунад, набишносанд,бо чи рӯе нерӯи барқ мефурӯшад?

Латифи Пидром,яке аз сиёсатмадорони маъруфи Афғонистон дар як сӯҳбати видеоияш фурӯши нерӯи барқи Тоҷикистон аз сӯи Раҳмонов ба Толибонро «камоли инсонӣ»-иРаҳмонов талаққӣ кардааст. Вай дар ин навор айнан чунин мегӯяд:

«Ҳамин акнун,ки Толибон дар канораҳои рӯдхонаи Ому,дар шимоли Афғонистон мусаллат ҳастанд, дар воқеъ дар марзҳои Афғонистон, дар марзҳои  Бадахшон бо Бадахшони Тоҷикистон «Помирэнержӣ»  аз Тоҷикистон барои шаҳрвандҳо ё улусволиҳои Бадахшон барқ тавлид мекунад. Иттилооте, ки ман дорам, бо вуҷуди мушкилоте, ки вуҷуд дорад ва таҳарруки Толибон дар ин марзҳо, давлати Тоҷикистон гуфтааст, ки чун ҳаво сард мешавад ва зимистон аст, мавҷудияти Толибон дар шимоли Афғонистон набояд боиси он бишавад, ки мо барқро барои  мардуми Бадахшон ва куллан  мардуми шимоли Афғонистон қатъ бикунем. Ҳадди ниҳоии як бархурди инсониву масъулона нисбати як кишвари ҳамсоя аст, ки Афғонистон бошад. Варна метавонистанд, «Помирэнержӣ»-ро бигӯянд, ки барқро қатъ кунад. Ин дар ҳоле ҳаст, ки қарори иттилооте,к и ман дорам ҳанӯз пули барқи Бадахшониҳоҳам пардохта нашудааст».

Албатта, на танҳо оқои Пидром, хеле аз шахсиятҳои дигари тоҷиктабори Афғонистон ҳам боварашон ҳамин тавр аст, ки  Раҳмонов «бархурди инсониву масъулона» мекунад, аммо боз ҳам такрор бишавад, мегӯем, ки Раҳмонов барои пул шуда метавонад тамоми миллат ва давлатро бифурӯшад.

Қирғизистон роҳҳояшро бар рӯи Тоҷикистон баст, ки ба Тоҷикистон ва тоҷикҳо зарар ва осеб бирасонад. Қамчибек Ташиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон ошкоро эълон кард, ки марзҳоямонро бубастем, ку бинем як қатра бензин ба Тоҷикистон мегузарад ё хайр? Нархи маводди сӯзишворӣ ба таъйиди Оҷонси омори Тоҷикистон ба маҳзи ҳамин иллат, баста будани марзи Қирғизистон боло рафт.

«Аммо Раҳмонов ба ин кишвар дуздвор барқ мефурӯшад ва барои худаш муносиб намедонад, ки ба соҳиби ин қувваи барқ-халқи Тоҷикистон аз ин муомилааш хабар диҳад. Чун вай ҳеҷ гоҳ бо халқи тоҷик ҳисоб накардааст. Ингор  нерӯи барқ аз они модараш бошад. Вале ҳукумати қирғизҳо нишасти хабарӣ доир мекунад. Ва, шаффофу рӯирост аст бо мардумаш.»

Қирғизистон аз Қазоқистон, Узбакистон, Туркманистон нерӯи барқ мехарад ва ҳоло музокира бо Русия ҳам барои воридоти нерӯи барқ ба Қирғизистон идома дорад, то аҳолии ин кишвар дар зимистон душворӣ накашад.

Оё Шумо бовар доред, ки Раҳмонов низ ҳамин корро мекунад? Бо кишварҳои ҳамсоя ҷиҳати таъминоти аҳолӣ бо барқ музокира мекунад? Мутмаин бошед, ки ин корро намекунад, баракс  соати лимитро боз ҳам тамдид мекунаду барқи будагиро ҳам мефурӯшад.

«Маълум аст ки пули барқи содиротӣ ба бюҷет намеояд ва мардуми тоҷик аз он баҳравар намешавад. Ин пулҳо мустақим ба суратҳисобҳои оффшории Раҳмонов меравад. Ин муомилаи машкук  ва тиҷорати бар ивази хуни исфарагиҳо ба даст овардаи Раҳмонов  танҳо ва танҳо барои ҷайби худаш аст.»

Раҳмонов аз сукути мардум ва бетаваҷҷуҳии ҷомеаи Тоҷикистон суистифода дорад. Тӯли тамоми ин муддате, ки дар сари қудрат ҳаст  халқро дар ҳолати тарсу ҳарос нигоҳ дошта вале бизнеси худро дар ягон ҳолат фаромӯш намекунад. Ман бовар дорам, ки то «светкушӣ»-и навбатӣ рӯзҳои башумор мондааст. Ва, баҳонааш ҳам омода-оби обанборҳо кам аст, хушксолӣ омад.

«Дар ҳақиқат ин аст ҷойи аҷобат, ки як ҳукуматро ба расмият набишносӣ вале барои вай нерӯи барқ бифрӯшӣ, як ҳукуматро дар саросари олам бад созӣ вале бо он тиҷорат кунӣ!»

Содироти  барқи Тоҷикистон ба Афғонистон  наздики 12 миллион  долларо  ташкил додааст. Раҳмонов ба ҳамин миқдори маблағ  идораву  казармаву қул-урдуву  васоити техникии Толибонро нерӯи барқ доду равшанӣ бахшид , то онҳо битавоанд тоҷикони Панҷшерро бикушанд ва қатли омм намоянд.

Инчунин муҳаллиони дигар бар ин назаранд, ки ҳукумати Раҳмонов ба Толибон барқро медиҳад ва пули онро аз кишварҳои ҳомии онҳо мегирад. Он ҳукуматҳои пуштивонаи Толибон, ки ба ҳама номҳояшон маълум аст барои тақвияти ҳукумати Толибон ва норозӣ нашудани мардум аз ҳукумати онҳо ба ҷойи толибон пули барқро ба Раҳмонов пардохт мекунанд. Агар ин таҳлил дуруст бошад пас куҷо шуд дар синазаниҳои Раҳмонов ва ултиматум мониҳои ӯ, ки ҳукумати Толибонро намешиносад, то он «Ҳамашумул” набошад? Пас барои Раҳмонов пул муҳимтарин маҳакки асосии ҳукуматронияш аст ба ӯ пули «ҳамашумур» муҳим аст, на ҳимоят аз тоҷикони Панҷшер ва он сӯйи Омӯ.

Нозирҷон Ёдгорӣ намояндаи ширкати «Барқи тоҷик» вақте аз ӯ пурсида мешавад, ки бовар доред, ки пули фурӯшатонро Толибон мепардозанд чунин гуфтааст: «Вақте маҳсулотро гирифтанд, албатта, пули онро бояд диҳанд. Қарордодҳое, ки бо ширкати «Брешно»-и Афғонистон доштем, иҷро карда истодаем. Умед дорем, ки онҳо низ масъулиятҳои худро иҷро мекунанд».

Ба навиштаи хабаргузориҳо қарор аст Тоҷикистон ба афғонистон дар давоми соли ҷорӣ  1,5 миллиард киловатт-соат барқро  содир кунад. Ба Афғонистоне, ки дигар  Аморати Исломии Афғонистон ном дорад ва ҳукуматаш ҳам ба дасти Толибон аст.Толибоне, ки дар феҳристи созмонҳои террористии Тоҷикистон таҳти №13 қарор дорад. Аз инҷо бармеояд,ки Тоҷикистон ба як созмони террористӣ доду ситад дорад.

Дар охир мардуми кишвар интизори “лимит” ё реҷаи барқ бошед. Барқи моро “Пешвои миллат” ба Толиб ва Қирғиз мефурӯшад вале шумо бо кунда алов ва кумур алови конҳои дар ихтиёри домоду қудоҳои ӯ  хонаҳои сарди худро гарм кунед. Муҳим “Пешвои миллат” бо оилааш гарму серу пур ва дар рӯшноӣ бошанд. Шумо сарнавиштатон ҳамин аст, сабр кунед ва шукрона кунед, ки ҳаминхел “пешво” ва “Асосгузори барқфурӯш,муҳоҷиркунандаю зиндонкунанда ва ҳукумати оилашумул” доред!

Сообщение Раҳмонов барқро ба “Толиб” бе пул вале ба “Қирғиз” мефурӯшад, шумо дар торики “шукрона”и ӯ кунед! появились сначала на ISLOH.net.

Сафари 1млн $ пешво ба Ворух, қочоқчиёни оила ва контрабандаи тиҷорати сарвазир
Исфара, ноҳияи мардони бонангу номус, ки имрӯзҳо дар чанголи номуайянӣ ва ноумедӣ қарор дорад, новобаста аз мушкилоти бар сараш боршуда ҳамоно барои Эмомалӣ Раҳмонов ва хонаводаи гушначашми вай яке аз ҷойҳое ба ҳисоб меравад, ки дар тиҷорат ва даромадҳои зиёде дорад. Тиҷорати хонаводаи Раҳмонов дар Исфара аз ғасби корхонаҳои Низомхон Ҷӯраев, яке аз сарватмандон ва тоҷирони номии ин ноҳия  тавассути Ҳасан Асадуллозода, шурӯъ шуда буд. Хонандаи ҳушманди “Ислоҳ.нет” аз моҷарои ба  сари Низомхон Ҷӯраев ва парвандаи машҳури исфарагиҳо огоҳӣ дорад. Он солҳо танҳо барои онки корхонаи кимиёвӣ ва корхонаи тавлиди спирт (спиртзавод)-и ин ноҳияро, ки Низомхон Ҷӯраев бо сарфу харҷи худаш навсозӣ карда буд, бигиранд 33 нафар исфарагиро ба солҳои тулонӣ маҳкум ба зиндон карданд. Бархе аз онҳо дар маҳбас ҷон доданд. Худи Низомхонро ба ваъдаву фиреби зиёд чанд соли баъд аз хориҷа оварда боқимондаи дороиву корхонаҳояш, аз ҷумла фабрикаи ҷуроббарории Душанберо гирифта ба номи Таҳмина Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмонов гузаронида боз ҳам мусоидат карданд,ки “фирор” кунад.

Айни замон “Зумрад”-Исфара беҳтарин осоишгоҳи куҳии Осиёи Марказиро Маҳмадзоир Соҳибов, домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов бо як пули пучак гирифта ва ба манбаи бойшавии худ табдил додааст. Бахши умдаи кормандони ин осоишгоҳро феълан намояндаҳои маҳаллу минтақаи ба ҳамаи тоҷикистониҳо маълумташкил медиҳанд. Сокинони Исфара дар инҷо аҳёнан кор мекунанд. Мудири осоишгоҳу табибону ҳамшираҳои шафқату ҳатто посбонҳо ҳамагӣ афроде ҳастанд, ки гӯиши онҳо бо лаҳҷаи мардуми инҷо тафовут дорад.

Бадтар аз ин, бархе аз корпусҳои ин осоишгоҳ ҳоло ба амбори молу колои тиҷоратии Маҳмадзоир ва Шамсуллои ҷиянаш, яке дигар аз домодҳои Эмомалӣ Раҳмонов табдил шудааст. Аз ин бадтар ба истилоҳ ин амборҳоро Маҳмадзоир барои дигар бизнесменҳо ба иҷора додааст. Инҷо ҳоло ба амбори маводди мухаддир ва дигар маҳсулоти қочоқии инҳо табдил шудааст. Ин молу маҳсулотро аз тариқи марзи Қирғизистон ворид ва содир мекунанд. Осоишгоҳро, гӯиё навсозӣ ва обод карда истодааст. Аммо баъди омадани ин омадаҳо нархҳо ба осмон баромад. Мудири осоишгоҳи  Зумрад Ҳалимов Абдумумин    одами  бовариноки  Маҳмадзоир ва Озодаи Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмонов ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи  президент  мебошад. Тавассути ин одам онҳо Исфараро идора карда истодаанд. Ҳам дар масъалаи кадрҳо ва ҳам дар масъалаи тақсимоти замин пулу ришваро тавассути ҳамин мудири осоишгоҳ ба дасти Озода Раҳмон мерасонанд.

Сафари Раҳмонов ба Ворух чӣ пайёмаде дошт?

Баъди сафари Эмомалӣ Раҳмонов ба Исфара авзоъ дар марз бо Қирғизистон на танҳо дар ин ноҳия, балки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам рӯ ба бесуботӣ оварда хеле пуршиддат шудааст. Қирғизҳо барои мардуми Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дарғоти обро бастанд. Боз ҳам наздик буд, ки ҷангу хунрезӣ рух диҳад. Аз ин ҷост ки сокинони Исфара ва Бобоҷон Ғафуров ва бахусус аҳолии Ворух ва Овчӣ-Қалъа аз ин сафари Раҳмонов тамоман норозианд. Баъди онки Раҳмонов аз маркази Исфара то ба Ворух тавассути вертолёт     омад, мардуми инҷо ба якбор ба пушт зад, ки чаро раиси ҷумҳуриашон натавонист бо роҳи заминӣ биояд, бо ҳамон роҳе, ки садсолаҳо ворухиҳо равуо доштанд. Балки аз тарси қирғизҳо вертолёти Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Пешвои миллат  дар иҳотаи боз чаҳор вертолёти дигар аз Исфара то Ворух расид. Раҳмонов дар Ворух бо қисме аз аҳолии аз қабл омодашуда вохӯрӣ гузаронд. Аммо, аз он сабаб ки ин мардум барои рафтан ба маркази ноҳия ва боқии ҷаҳон мушкилоти сахт доранд, аз Раҳмонов рӯирост дар бораи роҳ пурсиданд. Ва, чанд навбат бо садои баланд: Роҳ, Роҳ ҳам гуфтанд. Аммо Раҳмонов худро ба нофаҳмӣ андохта ба тарафи раиси ҷамоат мегӯяд, ки таъмири ин роҳро ман бар ӯҳда мегирам ва харҷи он аз ҳисоби Фонди президент мешавад. 20 километр. Раҳмонов таъмири роҳи даруни худи ҷамоатро бар ӯҳда мегирад, дар ҳоле, ки сокинони башӯромада бо онки бо як овоз: Роҳ, Роҳ, Роҳ мегуфтанд манзурашон роҳи мустақим ва мустақили миёни Ворух ва Исфара аст. Ҳоло ин роҳ аз тарафи қирғизҳо масдуд шуда ва ба маҳзи он  Ворух “де-факто” анклав шудааст. Ҳозир қирғизҳои имтидоди ин роҳ дар даромад ва баромади маҳалл ва рустоҳои хоку шағал рехтааанд, то тоҷикҳо нагузаранд.

Манбаъи мо аз КДАМ ба Ислоҳ чунин афзӯд: рӯзе Раҳмонов ба Ворух меомад.

“депутати маҳаллӣ Ғафурҷон Ҷураев дарди мардуми Ворухро дар назди Раҳмонов мегуфтанд. Ба мо чунин маълумот расид ва мо соати 7 саҳар занг зада ба Ғафурҷон Ҷураев гуфтем агар аз хонаат баромади вазъиятат хело безеб мешавад. Мо аз он варақе дар дасти шумо ҳаст ,аз муҳтавои он маълумот дорем ва он варақро даронда парто.Пас аз он ба Раиси ҷамоат Меҳринисо Раҳматова кормандони мо расониданд,ки агар пурсад ҷаноб ҳам гӯед шумо бояд дастҳоро пеши бар карда ҳама хуб аст гӯед!”

Манбаъи дигари Ислоҳ аз Ворух чунин гуфт:

“чанд муйсафед мақсад доштанд мушкилотро дар назди президент гӯянд. Аз мақомот омада ҳама он ҳафт муйсафедро дар якҷо ҷамъ карда барояшон гуфтанд,пешво рафт пас аз он шумо озод мешавед. Ба мо фармон омад,шумо иғвогарон ҳастед ва набояд ,то рафтани пешво озод гардед”

Чуноне ҳама шоҳидед дар навор Раҳмонов аз раиси ҷамоат хонум Меҳринисо Раҳматова мепурсад раиси ҷамоат ,муаллима чи мушкилот аст натарс гап зан ,аз раиси вилоят ва раиси шаҳр натарс,кати ман гап зан: Меҳринисо Раҳматова бо садои ларзон пешворо хайру мақдам гуфту ҳисобот доданро шурӯъ кард…

Агар наворро мушоҳида карда бошед президент аз раиси ҷамоат мепурсад беморхона доред? Бале мегӯяд ,чанд кат дорад ? 70 кат дорад,хело хуб. Баъд пешво мегӯяд мана имрӯз маро 15 духтарак пешвоз гирифт ман ҳамаи он духтараконро бо худам мебарам. Боз механдаду мегӯяд,ки мебарам дохил мекунам ба донишгоҳ. Оқибати он духтаракон ба хайр бошад,хуб фикр кунед қабл аз фиристодани духтараконатон…

Масрафи ташрифи пешво 11 миллион сомонӣ ё 1млн $

Манбаъи Ислоҳ ,ки дар бахши тадорукоти сафари Раҳмонов ба Ворух фаолият мекардааст афзуд.

“ман ба масрафи чархболҳо коре надорам,чун аз онҳо огоҳие надорам. Аммо танҳо гулҳое дар пушти минбари баромадашро омода намудем бо худи минбар, мизу курсиҳои махсӯс ва ҳайкали он истиқбол 8 миллион сомонӣ ихтисос дода буданд. Гулҳо ҳамааш зинда ва аз хориҷ оварда шуда буданд. Боқӣ монда масориф, то омадан ва гуселаш,сарбозон,муҳофизат, ки як моҳ пеш шурӯъ шуда буданд се миллион сомонии дигар ихтисос дода шуда буд. Ман намегуям ин маблағ масраф шуд,ин миқдор маблағ аз буҷаи кишвар ҷуд шуда буд ва дигар худатон хулоса намоед, ки маблағ ба ин тарафу он тараф рафт… Агар бо масрафи чархболҳо ҳисоб кунем яъне метавон бигӯем як миллион доллар дар ин сафар ҷудо  шуда буду ба боди фано рафт.”

Акнун хонандаи гиромӣ худатон хулоса намоед,ки ин як миллион долларро ба Ворух медоданд ва онро воқеан дар онҷо масраф мекарданд чӣ тағйироте дар Ворух мешуд? Ҳар рӯз аз Ворухиён пул мепурсанд барои ину ону роҳ кушоён. Дар ҳоле аз буҷаи кишвар як миллион доллар барои як сафари бе моҳият ва бе маъно масраф карданд. Боз ончи аз тоҷирон ва мардум барои ин сафар пул гирифтанд ҷойи худаш.

Тибқи мушоҳидаи хабарнигорони ҳамроҳи Раҳмонов ба Исфара сафаркарда дар бархе аз деҳоти марзӣ шумори автозаправкаҳо аз шумори аҳолӣ бештар ба мушоҳида расидааст, ки гуфта мешавад танҳо харидори он тоҷикҳоанд. Инҷо қирғизҳо аз ҳисоби тоҷикҳо даромад доштанд, аз ҷумла ширкати “Фароз”-и Шамсулло Соҳибов ҳам бо даҳҳо аз чунин автозаправкаҳо ҳамкории тиҷоратӣ доштааст. Як нафар аз огаҳони ин тиҷорат гуфтааст,ки қисме аз ин автозаправкаҳо бо пули “Фароз”-и Шамсулло Соҳибов ҳанӯз дар солҳои 2010-2011 сохта шуда будааст ва як сабаби асосии забондарозии қирғизҳо ва забонкутоҳии тоҷикҳо ҳамин силсилазаправкаҳои Шамсулло Соҳибов дар деҳаҳои наздии марзии Қирғизистон будааст.

«Аммо бо вуҷуди ин ҳама ташаннуҷи авзоъу аз тарси қирғизҳо бо вертолёт омадани Раҳмонов ба Ворух чи хеле гуфтем тиҷорати Эмомалӣ Раҳмонову домодҳояш Маҳмадзоиру Шамсулло Соҳибовҳо ва низ Зарифбек Давлатов дар ин марз идома доштааст. Бесабаб нест, ки Қамчибек Тошиев, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон таъна зад, ки намегузорад тоҷикҳо як литр бензин ва як мисқол маҳсулоти ғизоӣ аз кишварашро бидузданд. Ин таъна ва неши он ба самти Раҳмонов нигаронида шуда будааст.»

Тибқи мақоли “гӯр сӯзаду деғ ҷӯшад” ҳамин ҳоло ТАҶЕРО-и Зарифбек Давлатов шабу нимашаб аз ин марз маҳсулоти қаннодии сохти русиро аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид карда истодаасту равуои қочоқчиёни маводди мухаддир ба амборҳои осоишгоҳи Зумради мутааллиқ ба Маҳмадзоир Соҳибов аст, хеле зиёд шудааст.

Шамсулло Соҳибов дар Исфара на танҳо ба қочоқи молу коло машғул аст ва танҳо аз ҳамин ҳисоб манфиат мебинад, бали кони ангишти овозадори Шӯроби Исфараро низ ба тасарруфи худ даровардааст. Бо вуҷуди ғасби ин кон ва фурӯши ангиштсанги он соли дароз ягон рӯз аз ворид карани ангишти қирғиз даст набардошт. Имсол нархи ангишт дар ин кон аз 350 то ба 700-750 сомонӣ баланд шуд. Шамсулло ангишти қирғизро тавассути ноҳияи Ҷаббор Расулов бо нархи арзон харидорӣ карда ҳамчун ангишти Шӯроб фурӯхт.   Нархи ангишти қирғиз як баробар арзон аст. Манбаъи мо аз Шуроб афзуд:

“Дар даврони Шуравӣ мо шахтаҳоро тахта гузошта мекофтем ва он меистод.Аммо ҳоло бошад,барои он ки масраф кам шавад онҷое лозимаро мекобем ва боз ҳамин тахатҳоро гирифта ба дигарҷо мезанему кор мекунем. Ниҳояташ чи мешавад намедонем. Ин соҳиби ҳозираи кони Шуроб аслан дар фикри бештар фоида ба даст овардан асту халос. Аслан дар фикри ободкорӣ ва барои ояндаи ин кон ҳеҷ аҳаммияте намедиҳад. Аммо мо чун аз ин ҷо ҳастем диламон ба ин сарвати зери заминӣ ва ояндаи он хунҷигарем,аммо чикор кунем соҳиби кон ба шумо маълум аст,ки кӣ ҳаст”

Дар ин кори Шамсулло Беҳрӯзи домоди Муроди телехи Эмомалӣ Раҳмонов  ба вай кумак карда доду гирифт бо қирғизҳоро ташкил ва назорат мекунад.

Бубинед, дар ҳоле,ки дар ин ноҳияи шахтаи собит ва ё кадом кони ангиште вуҷуд надорад ва ҳама медонад, ки ин ангишти қочоқии Шамсулло Соҳибов аст ки аз Қарғизистон ворид кардааст.Аммо дар баромадгоҳи ноҳия кормандони Гумрук, коррупсия, литсензия ва ғайра истода аз ронандаҳои мошинҳои борбар ҳуҷҷати ангишт, барои мисол растаможка мепурсанд. Ронандаҳо ва нафароне, ки аз ин ангишт харидорӣ кардаанд, дар ҳайратанд, ки чаро қочоқчиёни аслӣ-яъне Шамсулло Соҳибовро касе «ғам» намедиҳад вале харидорони аз ин қочоқчиҳоро азоб дода, ҳатман аз онҳо пул мекананд. Дар паси ин бозии пулканӣ ҳам Беҳрӯзи домоди Муроди телех меистодааст.

Дар матолиби қаблӣ дар бораи Беҳрӯзи домоди Мурод Саидов, телехи Эмомалӣ Раҳмонов, ки дар вилояти Суғд, махсусан дар Исфара ва марзи он  бедод мекунад, батафсилтар гуфта будем. Ин ҳолатро ҳам бояд хотирнишон созем, ки  дар  сарҳади  Исфара  на  фақат  домоду  духтарҳои  президент, одамони  Қоҳир  Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ҳам  ба  қочоқ  сару  кор доранд.

«Дар Суғд як  корхонае ҳаст бо номи Файзи Расул. Ин  корхона  дар асл   корхонаи  шахсии  Қоҳир  Расулзода аст, аммо  бо номи  ҷиянаш  ҳуҷҷатгузорӣ шудааст. Расул номи падари сарвазир аст. Барои ҳамин  Файзи Расул  ном мондаанд. Қоҳир  Расулзода, замоне,ки  раиси  вилояти  Суғд буд,  дар  маҳаллаи Хизтеварз  як кӯчаеро бо номи  падараш  гузошт. Файзи Расул аз шир фаровардаҳои ширӣ истеҳсол карда дар тамоми қаламрави вилоят ва то пойтахти кишвар ба фурӯш гузоштааст. Ба хориҷ аз кишвар, бахусус ба Қирғизистон ҳам содир мекунад. Тавлидоти ин корхона, аз қабили ширу ҷурғоту қаймоқу сметанаву дигару дигар ба Қирғизистон аз тариқи сарҳади Исфара ва қочоқӣ содир карда мешавад. Дар қочоқи маводду маҳсулот сарвазир ҳам шарик аст.»

Тақрибан 5 сол молу маҳсулоти Файзи Расул хапу дам, бидуни садо ба қирғизҳо фурӯхта мешуд. Аммо чанд вақт пеш Беҳрӯзи домоди Муроди телех 5 тонна маҳсулоти ширӣ ва гуштӣ (ҳасиб)-ҳои Файзи Раслуро дар марзи Чоркӯҳ ҳангоми интиқол ба Қирғизистон дастгир кард. Беҳрӯз дафъатан ба Муроди хусураш занг зада мегӯяд, ки вай 5 тонна маҳсулот  сарвазирро дастгир кардааст. Дар инҷо гапи муроду сарвазир сахт мегурезад. Мурод гӯиё сарвазирро контрабандист гуфта бошад. Гап дар инҷо аст ки маҳсулоти корхонаи Файзи Расул ба Ӯзбакистон аз тариқи нуқтаи марзии маъруф ба Плотинаи ноҳияи Спитамен (Нови собиқ) низ аз рози қочоқ фурӯхта мешудааст. Дар ин нуқати марзӣ ҳам Беҳрӯз роҳи қочоқи сарвазирро намоён кардааст. Гуфта мешавад бо ин фошкориҳои тиҷорати ғайриқонунии сарвазир Беҳрӯз қасд доштааст, ки мақоми сардори Оҷонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғдро бигирад.

Домоди Раҳмонов дар  роҳи Конибодом-Хуҷанд-Исфара тарозуи пулҷамъкунӣ мемонад

Ва дар охир як хабар барои мардуми  Исфара ва  Конибодом. То ҷое ба мо маълумот мерасад дар роҳи Конибодом- Хуҷанд ширкати пулчинаки IRS-Ҷамоллиди Нураливе,муовини аввали раиси Бонки Миллӣ ва домоди дигарии Эмомалӣ Раҳмонов, тарозу  сохта  истодааст. Гуфта мешавад, ки роҳи Конибодом -Хуҷандро ҳам  пулакӣ мекардаанд. Тибқи маълумотҳо дар роҳи Конибодом- Хуҷанд 3 тарозу мешудаст ва дар  роҳи Исфара- Конибодом -Хуҷанд 1 тарозу ва ҳамин тавр аз Исфара то Хуҷанда 4 тарозу  мешудааст. Сохтмони терминали тарозу дар  баромади  маҳаллаи Кучкак ва даромади маҳаллаи Маданият, рӯбарӯи қаҳвахонаи Баҳор  идома дорад.

Ончуноне маълуматон шуд Исфара ва мардуми он ба луқмаи даҳон ва ба даромади муфти Эмомалӣ Раҳмонов ва хонаводаи вай табдил шудааст. Агарчанде, ки аз ин марзи муҳимми кишвар даромадҳои ҳангуфт ба даст меоварад, наметавонад ва натавонист, ки роҳи миёни Исфара ва Ворухро бикушояд.

Сообщение Сафари 1млн $ пешво ба Ворух, қочоқчиёни оила ва контрабандаи тиҷорати сарвазир появились сначала на ISLOH.net.