Архивы Қосим Қосимов - ISLOH.net

Раиси «Бонки миллӣ»-и вилояти Суғд ё «дасти рост»-и Раҳмонов дар наркобизнеси шимоли Тоҷикистон
Навруз Валиев, мудири Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳудуди 20 сол аст дар ин курсӣ мехкуб ва ноҷунбон шудааст. Ӯро ба унвони як мутахассиси ҳирфаӣ дар соҳаи ҳисобдориву молия ва бонкӣ эътироф мекунанд. Аммо, ин сифоти хуби корӣ далели солҳои тулонӣ фаъолият кардани ӯ дар мақоми раҳбарии «Бонки миллӣ» дар вилояти Суғд нест. Далели «дарозумрӣ»-и вай дар курсии раиси Бонки миллӣ дар шимоли Тоҷикистон чизи дигар аст. Ҳеҷ рабту алоқае ба сатҳу сифат ва ҳатто самараи кори ӯ надорад.

Тули ин муддат Қосим Раҳбарович Қосимов, Қоҳир Расулзода, Абдураҳмон Қодирӣ ва ҳоло Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳайси раиси вилояти Суғд кор карданду иваз шуданд, аммо Навруз Валиев ҳамчун санги побарҷо ва куҳи устувор дар курсиаш боқӣ монд. Шояд бигуед, ки раисон ба кори бахши «Бонки миллӣ» дар вилояти Суғд мудохила намекунанд ва таъйину барканории раиси он дар ихтиёри Бонки миллӣ аст. Дуруст. Аммо дар ин муддат дар Бонки миллӣ ҳам раисҳо яке пайи дигаре иваз шуданд: Муродалӣ Алимардон, Шариф Раҳимзода, Абдуҷаббор Ширинов, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода  ва ҳоло Фирдавс Толибзода. Яъне чаҳор раиси вилоят ва шаш раиси Бонки миллӣ иваз шуд ҳатто домоди Раҳмонов Ҷамолиддин Нуралиев аз муовинии Бонки миллӣ барканор шуд аммо Валиев Навруз Aлиевич дар ҷойи худаш, курсии раиси «Бонки миллӣ» дар вилояти Суғд ҳатто такон намехурад ва айни худи Ҷаноби Олӣ «сварка кадагӣ». Бо ин ҳама раисон кор кардан ва боз ҳам курсиро ҳифз кардан, хеле ҳам душвор ва хеле ҳам саволбарангез аст. Ҳатмани ҳатман бо яке аз ин нафарон ситорааш ва ё гапаш рост намеомад ва ӯро ҷавоб медоданд. Аммо ин тавр нашуд? Навруз Валиев ҳамоно масъулияти раҳбарии  Бонки миллӣ дар вилояти Суғдро бар уҳда дорад ва бар замми ин писарашро ҳам тавонист, ки раиси яке аз ноҳияҳои калонтарини пахтакории кишвар, Мастчоҳ бимонад.

Ва ҳоло Аъзам Ализода Навруз, писари бонкири №1-и вилояти Суғд ва аз «чиновникҳои дарозумр»  се сол мешавад, ки раиси Мастчоҳ аст.

Ҳоло, бо иҷозаи шумо як пораеро  аз матлаби пешини «Ислоҳ» инҷо меоварем, ки ба ин навишта хеле ҳам мехурад:

«Ман яке аз ин коргарони куҳнаи ҳукумат мебошам. Мо-коргарони куҳна ба шумор мондаем. Ва, инро ҳам бояд бигӯям, ки барои курсии раиси ноҳияи Масчоҳ Атовуллозода Муллосоқӣ ва Зокирзода Умед давутози зиёд карда истода буданд. «Ставка»-и раисӣ аз 150.000 доллар ба 250.000 доллар боло рафт. Ин ду нафар аз командаи Ғайрат Азиззода буданд. То рӯзи охирон командаи Ғайрат ва Қофлонбой боварии калон доштанд, ки Атовуллозода Муллосоқӣ раиси нави ноҳия таъин мешавад. Ҳатто рӯзи 16.11.2021 сол Атовуллозода Муллосоқиро ба Душанбе даъват карда буданд. Вай барои гирифтани таъйинот рафта буд. Вале рӯзи 17.11.2021 Ализода Аъзам Наврӯз раиси ноҳияи Мастчоҳ таъин шуд. Аъзам писари Наврӯз Валиеви бонкир мебошад. Вай аз «клан»-и марҳум Тоҳир Азиззода мебошад. Боз ҳам нақшаи Қофлонбой барбод рафт. Қофлонбой аввал мехост, ки Рустам Рустамзода раиси ноҳия таъин шавад. Вале Тоҳир Азиззода фармонро ба даст оварда буд.

Мегӯянд, ки Аъзам Ализода «одам»-и Рустами Эмомалӣ мебошад. Ҳардуяшон дӯстии наздик доранд. Баъди барномаи «Ислоҳ.нет» ва расонаӣ шудани ҳолати қасди куштори Рустамзода Абдухалил, Рустами Эмомалӣ Аъзамро даъват карда «ту раиси ноҳияи Мастчоҳ мешавӣ» мегӯяд. Сумбулоғо-Асадулло Қимматович Раҳмон, ёрдамчии Президент дар масъалаи кадрҳо барои раис шудани Атовуллозода Муллосоқӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ба воситаи Қофлонбой-Раҷаббой Аҳмадзода 250.000 доллар пора гирифта буд. Аммо Сумбулоғо рӯзи 17.11.2021 бохабар мешавад, ки фармони раиси ноҳия таъйин шудани Аъзам Ализода баромадааст».

Аз ин иқтибос метавонед ин гуна бардошт ва ё хулоса бароваред, ки таъсир ва ҳукми Навруз Валиев  дар вилоят болотар аз раисҳо аст вагарна раиси ноҳияи Мастчоҳ на  одами тайёркардаи Қофлонбой –Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва на кадри Асадулло Раҳмон, мушовири кадри Раҳмонов, балки писари ин бонкири рақами аввали вилояти Суғд намешуд. Пас, бармеояд, ки Навруз Валиев ба худи Оила робитаи танготанг ва хело хубе дорад ва Аъзами писари ӯ, раиси имрӯзаи ноҳияи Мастчоҳ бо писари Эмомалӣ Раҳмонов яъне Рустами Эмомалӣ ҷура будааст. Ин ду нафар чи тавр ҷура шуданд ва нақши худи Навруз Валиев дар ин ҷурасозӣ чи гуна астро ҳам инҷо гап мезанем.

Бинобар навиштаҳои расонаҳои маҳаллӣ Навруз Валиев, раиси Федертсияи самбои вилояти Суғд ҳам будааст ва ҳануз аз давраи раҳбарии Қоҳир Расулзода дар ин вилоят ширкати варзишкорони тоҷик дар ин риштаро дар мусобиқоти байналмилалӣ кумак мекардааст.

Наркотарафик Наврӯз Валиев ва Эмомалӣ Раҳмоновро мепайвандад

Акнун ҷойи гуфтан омад, то бишиносед, ки дар бораи кӣ гап меравад ва ин нафарро бо Эмомалӣ Раҳмонов чи мепайвандад ва то чи андоза ба тиҷорати қочоқи маводди мухаддир шарик аст?

Навруз Валиев зодаи ноҳияи Мастчоҳ аст. Яке аз рафиқони наздиктарини пешво ва пасво ва ин оила мебошад. Писараш ҳоло раиси ноҳияи Мастчоҳ аст. Аъзам ба Рустами Эмомалӣ бо ҳам дӯсти хуб мебошад. Аз даврони кудакӣ ҳар дуи инҳо бо ҳам дӯстии наздик доранд. Барои он ки дар замони ҷанг вақтҳое ҳам буд, ки Раҳмонов писари наркомани худро барои пинҳон кардан ба шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи номдори «кучаи Ленин»оварда буд. Пас аз ҳодисаи куштори Файзалӣ ва Сангак, Рустами гунгак дар хонаи Навруз Валиев меистод. Аз ҳамон замонҳо Аъзам ва Рустам бо ҳам дӯстии наздик пайдо карда буданд. Дар як нишасти бо дӯстон Аъзам ба дӯстони тошкандии худ дар чойхонаи машҳури «Тоҷиддин» дар Бустон мегуяд, ки «Я являюс хорошим другом Рустама, был времена когда у него нечего не было, он даже одевал мои одежды».

Чойхонаи «Тоҷиддин»- дар шаҳраки Бустони Мастчоҳ хеле машҳур мебошад. Барои он ки инҷо ба гуфти мардум «питачок»-и тамоми наркобаронҳо, криминалҳо ва дигар унсурҳои олами ҷиноӣ мебошад. Соҳиби инҷо Тоҷиддин яке аз наркобаронҳои калони ноҳияи Мастчоҳ аз солҳои 90ум аст.

То ҳоло ҳам тамоми мардум, милиса ва кормандони амнияту прократура медонанд, ки вай бо чи кор машғул аст, лек ҳеҷ кас ӯро на дастгир ва на паси панҷара карда метавонад. Чунки Тоҷиддин дар симои Навруз Валиев пушту паноҳи  пурқувват дорад ва тавассути Навруз Валиев  бо ин Оилаи нафриншуда алоқа дорад.

Аз солҳои 70—80 тавассути бархе аз ҷавонмардони Мастчоҳ роҳи осони даромадро дар «наркобизнес» пайдо мекунанд. Он солҳо Мастчоҳ ба унвони транзитний пункт ва перевалочний база, ки ҳоло ин мақомро Исфара соҳиб шудааст, барои тоифаи наркобаронҳову наркобизнесҳо хеле ҳам ҷаззоб ба ҳисоб мерафт. Ва, шумораи зиёди мастчоиҳо он замон ба бизнеси наркотик машғул шуда буданд. Сабаб дар он аст, ки дар замони ҷангҳои «босмачигарӣ» ё истилои Бошевикон ба сарзамини мо аз Мастчоҳ ба Афғонистон одамони зиёд гурехта буданд ва ҳоло ҳам пайвандону боқимондаҳои онҳо дар он ҷо зиндагӣ мекунанд. Вақте ки Шуравӣ ба Афғонистон даромад, ҷавонони мастчоӣ дар Мазори Шариф, Ҳирот, Файзободи Афғонистон бо бархе аз мастчоиҳои Афғонистон шинос шуданд.

Дар солҳои ҷанги дохилии 1992-1997 бизнеси «наркотикӣ» дар Мастчоҳ сар шуд. Роҳи осонтарин аз тарафи «Нусай, Сардеҳ ва Умарак» деҳаҳое дар шимоли Афғонистон ва Вилояти мухтори Бадахшони Тоҷикистон ташкил карда мешавад, ки минбаъд тавассути Мастчоҳ ба Тошканду Бишкек ва сипас то ба Русия идома мекард.

Дар замони ҷанг шумори наркобизнесменҳои ноҳияи Мастчоҳ хеле афзуд. Барои он ки бо маблағи ночиз метавонистанд аз он кишвари ҷангзада бори худро гузаронда ба Русия равон намоянд. Даҳҳо мастчоҳӣ Афғонистон мерафтанд. Ва «бор»-ро аз марз хеле ҳам арзону осон мегузарониданд. Ҳатто барои афғонҳо Камаз ҳам гузаронида бар ивазаш героин гирифтагианд.

Дар аввали солҳои 2000 Раҳмонов дар яке аз маҷлисҳои ноҳиявӣ бо намояндагони давлат ва соҳибкорон, ки тақрибан 95% наркобарони масчоӣ ҳузур доштанд дар шаҳри Бустони Масчоҳ бо ханда мегуяд, ки «медонум бисёри шумо бизнеси сафеддаед  ва мегуяд, крупний бизанен!»

Солҳои 2001-2002 Навруз Валиев дар кадом мулоқоташ ба Раҳмонов мегуяд, ки «ҳамшаҳриҳои ман, миллионер, баъзеаш миллиардер шуданд аз паси ҳамин сафеда».

Ва мефаҳмонад, ки наркотик  бо се роҳ аз Тоҷикистон мебарояд:

1ум аз тарафи деҳаи Хоҷаи Аъло-и Исфара. Як мастчоҳии Исфара трансферро дар даст дорад.

Бояд зикр намуд, ки ба Исфара аз солҳои 60-70 бисёр мардум аз Куҳистони Мастчоҳ куч баста буданд. Ба Узбекистон бо ёрии криминали машҳури Узбекистон «Бахтӣ Ташкентский»  «бор» равон карда мешуд.

Вале аз соли 2004 сар карда, «охота» ба наркобаронҳои мастчоҳӣ сахт шуд. Аммо ин «охота» ҷиддӣ набуд. Асосан барои дур кардани «конкурентҳо» аз ин бизнес буд, ки даромадҳои миллионӣ меовард.  Эмомалӣ Раҳмонов худ главар шуд ва Навруз Валиев бо одамони «Бахти Ташкентский» вохурда  масъаларо ҳал мекард. Аз замоне, ки ин бизнес пурра ба роҳ монда шуд, домоди Раҳмонов, ки ҳоло дар ин кор ҳаст танҳо «исполнительный директор» мебошад. Соҳиби асосии ин бизнеси миллиардӣ худи Раҳмонов ва масъулу маъмури финанси он Навруз Валиев аст.

Яке аз калонтарин наркобаронҳои Мастчоҳ «Валии роғӣ» буд. Ҳар боре ба даст меафтод, то 2-3 миллион доллар дода халос мешуд. Валии роғӣ бо Навруз Валиев робитаи бисёр ҳам зич дошт. Аммо Валии роғӣ яке аз хатогиҳои калонтарин кард, ки сабаби тамоман аз ин бизнес дур карданаш мешавад ва тақрибан 100 миллион долларашро зада мегиранд. (дар дасти «Ислоҳ» номи хело аз иншоотҳо ва моликиятҳои ғайри манқули Валии роғӣ вуҷуд дорад, ки аз тарафи Навруз Валиев ва мақомот мусодира шудаанд) Валӣ солҳои 96-99- 2000 дар як овардан то 80-100 мошини масалан Жигулӣ -08 ё 09 аз Русия меовард. Вай бо бародараш Мағзум, ки соли 2016 дар Белгороди Русия дастгир шуд, аз даромади ин тиҷорат садҳо гектар замини пахта ва ҳамин тавр иншооти ноҳияро харида хусусӣ карда ва ба садҳо кас қарз додаву гирифтору вобастаи худ карда буданд. Яке аз муштариҳои асосии онҳо Қосим Раҳбарович буд, ки шоҳидони ҳол мегуянд, паси дари Валии роғӣ навбат мепоид ва Валӣ барои вай пули соляркаву бензин барои кишту кор медод. Ёдатон бошад аз мошини дипломати тоҷик (сафири Тоҷикистон) дар Қазоқистон героин пайдо намуда буданд. Он дипломат мастчоҳӣ буд.

Аммо бояд бигуям, ки Раҳмонов аз наркобаронҳо хела ваҳму тарси калон дошт. Ба раиси онрӯзаи вилояти Суғд Қосим Раҳбарович Раҳмонов мегуяд:  «агар наркобаронҳои мастчоҳӣ ҳаминхел ба мардум ёрӣ дода бизнесашонро давом диҳанд, баъд ба ман бало мешаванд, илоҷашро бин».

Қосим Раҳбарович  ба боздошту дастгир кардани баъзе аз наркобаронҳо сар мекунад. Ин кори вай ба занозаниҳои калон мепечад. Ҳазорон ҷавони мастчоҳӣ ба Хучанд омада хуҷандиҳоро мезаданд. Пас, аз ин воқеаҳо Раҳмонов бо ёрӣ ва нақшаи кашидаи Навруз Валиев, як -як ҳамаи наркобаронҳои калонро кунҷи зиндон ва банкрот карда ва тамоман аз байн бурд ва танҳо Тоҷиддин монд. Тоҷиддин ин ҳолатро дида ҳамон замон бо Навруз Валиев гапро як карда ба маблағи 3 миллион доллар барои худ «криша» яъне «таға» ба монанди «Ҷаноби Олӣ» (Худо лаънаташ кунад) харид. Дар соли 2000 алакай Раҳмонов пурра роҳбар ва наркобарони калонтарини Тоҷикистон шуд. Тамоми финансовий структураи бизнес ба души Навруз Валиев меафтад ва ба гуфти баъзе аз масъулини Бонки Миллӣ дар вилояти Суғд «Раис ҳар моҳ (траншҳо) трансферҳои 10 то 20 миллион доллараро авторизават мекунад, рост ба суратҳисобҳои оффшории ҷазираҳои Вирҷиния мефиристад.Раҳмонов тавассути Навруз Валиев пулҳои аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардаи худро ба суратҳисобҳои оффшориаш мепартояд»

Навруз Валиев албатта, ки ҳиссаи хеле хуб аз ин бизнес дорад- дар як моҳ беш аз 3 миллион доллар. Бояд қайд намуд, ки Тоҷиддин то ҳоло ин бизнес ва ин роҳи тронзитӣ аз Мастчоҳро  курироват мекунад. Тоҷиддин шахси хеле мутакаббир ва ҳаром мебошад. Ба ғайр аз он ки Раҳмонов кришаи асосиаш аст дар вазорати дохилӣ, амният, прокуратура ва таможнии Тоҷикистон бисёр генералҳоро «грет» карда мегардад. Ба гуфти худаш, ки 2-3 сол пеш «Ма ҳози ҳамиқа одамора грет карсодиам так что ҷош биёяд государственний переворот кардан барои ма 2×2ҳай».

Айни замон Навруз Валиев оҳиста-оҳиста роҳбарии бизнеси худро ба фарзандонаш таълим дода истодааст. Дар байни хешу авлоди худ гуфтаст:  «ман ҳозир бояд тезтар ҳама системаҳои даромадро ба фарзандонам гузаронам. Он кас раванд манам пенсия мебароям ва дигар бояд дуюм поколения давом диҳанд.»

Ин кардинали сиёҳи Точикистон, бояд қайд кунем, ки моли давлатро намедуздад. Вале сахт истифода мебарад. Барои афзун кардани  даромади худ. Масалан ба наркобизнесҳо пулҳои калон қарз додааст ва ё ба онҳо инвестиция медиҳад.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини собиқи раиси Бонки Миллӣ, шавҳари Озодаи чемпионка яке аз шогирдони Навруз Валиев мебошад.

Шуҳрат Исматуллозодаро ҳамин Навруз Валиев тавсия дода буд, ки муовини раиси Ориёнбонк монанд. Вале маҳз Навруз Валиев ба Раҳмонов гуфта будааст, ки Шуҳрат аз ҳад ва ҳудуд гузашта истодааст чораашро тезтар дидан даркор.

Навруз Валиев ба Раҳмонов мегуяд: « Шуҳрат даҳонашро соҳибӣ карда наметавонад ва дар ҳар ҷо ҳар гуна гапҳо зада истодааст ва тамоми сирҳоро фош мекунад. Бояд бо вай коре кард, то хомуш шавад. Набошад бо ин «лақиданҳояш» сари бисёриҳоро мехурад ва дардисар меоварад. Масалан ман аз аввали ба қудрат расиданатон бо шумо ҳамин корҳои сиёҳро дорам ва касе огоҳ нашудааст, чунки даҳони ман пушидагӣ ҷаноб!»

Гап дар бораи он меравад, ки дар як нишасти худ Шуҳрат бо дӯстонаш дар дачаи «Бонки миллӣ» дар Қайроқум (Гулистони ҳозира) каме кайфаш баланд мешавад, яъне маст шуда дар бораи финансовий махинатсияҳои оила мегуяд. Дар ин ҳолат яке аз кормандони ҳамон дача дарҳол ба Навруз Валиев занг зада мегуяд, ки «раис и девона ҳамара фурухсодай, чикораш кунем?»

Навруз Валиев бо саросемагӣ омада ӯро ба квартираи худ дар 18ум микроноҳияи Хуҷанд мебарад ва бо Ҷанобаш ба связ баромадa  воқеаро мефаҳмонад. Аз амният одамҳо омада ӯро ҳамон рӯз ба Душанбе мебаранд ва бо дахолати тағои Рустам ишкамбаи Асадуллозода Шуҳрат бахшида мешавад.

Аммо пас аз Раҳмонов ба Хуҷанд омаданаш Навруз Валиев ӯро убедит мекунад, ки Шуҳрат «опасный» ва бояд чора дида шавад.

Раҳмонов ҳамон услуби дӯстдоштаи худро пеш гирифта Шуҳратро бояд, ки зиндон мекард, албатта бо парвандаҳои бофтаи худ. Лек Ҷеки Чан- вазири корҳои дохилӣ  плани дуздидан ва кушторро тавсия дода мегуяд, ки сипас ҳамаашро ба сари Муҳаммадиқболу Кабириву Группа и 24 мезанем ва бо ҳамин бо як тир чанд нишон мезанем.

Аммо Навруз Валиев ба Раҳмонов мегуяд, ки ҳама чизҳо овоза шуд ва дар оппозитсия алакай ҳама ҳама гапро паҳн карданд ва ҳоло ба сари инҳо ин корҳоро монда намешавад ва агар гуфти вазирро кунед, шарманда мешавем ва пурқувват будани онҳоро тасдиқ мекунем.

Яке аз инсонҳое, ки бар зидди ҳамин план –«ба души оппозитсия» партофтани ин масъала буд, ҳамин Навруз Валиев буд.

Дар Тоҷикистон қонун танҳо барои мардуми одӣ амал мекунад. Барои кришадорҳо ва худи кришаҳо тамоман татбиқ намегардад.

Валиев Навруз Алиевич соҳиби 3 зан мебошад. Аввалин занаш аз худи Мастчоҳ. Дуюм занаш як рус мебошад, ки аз вай як духтар дорад. Ҳоло он духтараш дар Амрико мехонад ва ҳамроҳ бо ду бародараш аст, ки аз зани мастчоии падараш мебошанд. Навруз ҳар моҳ танҳо барои таҳсили ин фарзандонаш зиёда аз 15 ҳазор доллар равон мекунад. Инҷо савол пеш меояд, ки музди маоши Наврузи Пистолет чи қадар  аст?! Зани сеюмаш ва ба гуфти мардум «пачкаш» як бевазани хуҷандӣ мебошад, ки аз ду зани аввалу дуюмаш хабардор нест. Ба зани ҷавонаш дар шаҳраки Бустон собиқ Чкаловск  хона, мошин ва салон красоти (толори ҳусн) харидааст. Ба гуфти мардум ин бевача дар Бонки миллӣ дар вилояти Суғд пас аз ҷудо шудан аз шавҳараш ба кор медарояд ва сразу ба раис охота мекунад.

Навруз Алиевич дар як нишаст ба Раҳмонов дар дачаи Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон –Қайроқуми пешина мегуяд, ки «ёшако бо зур будай,мана мегуфтед Ҷаноб ма бовар намекардам». Ҷанобаш дар ҷавоб мегуяд, ки эҳаа ту мастчоҳӣ нав фаҳмидӣ?!

Навруз Валиев, ки мастчоҳӣ аст ҳаракат мекунад, ки дар гирду атрофи худ ҳамқишлоқиҳои худро ҷамъ кунад. Номи деҳааш дар хотирам нест шояд Пастиғав  ва ё  Палдорак бошад.

Қисса кутаҳ тамоми наздиконаш дар гирду атрофаш кор мекунанд, алахусус аз деҳаи худаш ва хешу табори дуру наздики худаш мебошанд.

Наврузро якчанд маротиба мехостанд аз вазифа гиранд, алалхусус Қосим Раҳбарович. Аммо Раҳмонов тамоман иҷозат надод. Навруз монанди ҳамон пешвояш мебошад, дар вилояти Суғд як инсони саховатпеша ва соҳибкори номдор, ки худ хешу табори Навруз буд, соҳиби ширкати «Олим Каримзод»-Ҷамшед Абдулов. Байни вай ва Навруз чи нофаҳмие аз ҳисоби як «ферма» дар ноҳияи Мастчоҳ мешавад ва Навруз ӯро пурра чап гирифт ва бо ёрии дӯсташ Э.Раҳмонов пура Ҷамшедро шикаст дод ва оқибат чанд ҳазор мардуми одди бе ҷои кор монд. Ҳатто клуби футболи Мастчоҳ, ки номи «Олим Каримзод» дошт ба лигаи олӣ баромада буд. Барои онки маблағгузори хуб буд. Аммо Раҳмонов ва дӯстони ҳаромаш пурра онҳоро шикастанд.

Аммо гарчанде Навруз Алиевич дӯсти Раҳмонов бошад ҳам аз Раҳмонов «хавф» дорад ва ҳамеша мегуяд: «да ин боварӣ нест. Ин ҳамаро нест кард, пагаҳ ман ҳам лозим нашавам нестам мекунад. Ҷаноб гарени чашмгурусна! Барои ҳамин бояд ё  роҳи гурез аз ватан пайдо кунем ё тезтар Рустам президент шавад, пас хуб мешавад. Вай каме беақлакай, да гушош мепарӣ, ҳама кора иҷозат медиҳад.»

Акнун интизор аст  ки тезтар Рустам сари вазифа ояд. Барои он ки Аъзам бе ягон мамоният боз вазифаҳои баландро соҳиб мешавад. Аввалин коре, ки агар Рустам ба сари вазифа ояд, ба гуфти Навруз ва худи Аъзам, ӯ бояд раиси вилояти Суғд ва пас курсии сарвазирро соҳиб шавад.

Ҳатто медонад, ки Аъзам метавонад дигар ягон доля надиҳад ва инро ҳам медонад, ки наркотрафик пурра дар дасти Аъзам мебошад. Барои он ки Аъзам хеле моҳирона Рустамро чмо карда метавонистааст. Аъзам дар байни дӯстони наздикаш дар ҳамон питачоки худ мегуяд, ки агар Рустам ба сари вазифа наояд корҳо капут. Бояд роҳи гурезро пеша кунем,

Аъзам дар ҳангоми бангзанӣ даҳону кунаш ба гуфти Тоҷиддин як мешавад ва пурра ҳама чизро гуфта медиҳад. Аз руи баъзе гапҳо Тоҷиддин компромати хеле зиёд нисбати Аъзам ва падараш Навруз Алиевич дорад. Аз ҳамин сабаб аст ки на Аъзам ва на Навруз ӯро аз бозӣ яъне аз бизнеси маводи муххадир дур намекунанд. Лекин Раҳмонов якчанд маротиба гуфтааст, ки Тоҷиддин чужой аст, несташ кун «ё ма бачакора бгум убратуш кунан». Дар ҷавоб ҳамеша Навруз мегуяд, ки не Ҷаноби Олӣ монед бошад: «ин инсони лозимаяй дар Узбекистону Қазоқистон полный рост гапаш бо братваи онҷо мегузарад».

Беҳуда намегуянд, ки «Мероси падар хоҳӣ, касби падар омуз». Аъзам ҳам монанди падараш ба занҳои рус хеле шавқи зиёд дорад. Ҳоло дуюм зани офитсиалниаш рус мебошад, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунад. Вале монанди дӯсти наздикаш Рустами гунгак чашми гурусна ва хислату эътиқоди бехудоӣ дорад.

Инҷо як қисса нақл хоҳам кард. Якчанд сол қабл, Аъзам вақте ҳаромхонаи худро дар  Чумчуқарал  бо номи «Истиқлол» кушод, духтарони ҷавонро ба ҳайси пешхизмат ба кор гирифт. Вале онҳо тезтез иваз мешуданд. Бо яке аз рафиқонам ҳамсуҳбат шуда иллати онро пурсон шудам. Вай гуфт: «шеф кам-кам кокаин мезанад ва подкайф любой пешхизматба мечаспад, вай шу дорад, надорад по барабану». Ҳамунба базеш аз кор мебуравад, базеш мақул шавад квартирадор шуда «постаянка» ва ё тамоман гум мешавад.

Истиқлол хеле ҷои ҳарому фасодзада аст. То солҳои 2006 дар Хуҷанд, дар наздикии Агроинвестбонки собиқ дар як ҳавлии шаҳр қиморхона ҷойгир буд. Аммо ҳоло ҳама қиморбозон ба Истиқлол мераванд ва Аъзам худаш як чанд утоқҳои отделний кушодааст, ки қиморбозон ба бозӣ машғул мешаванд.

Ба қавли дӯстонам аз Бӯстон (Мастчоҳ), Навруз Aлиевич солҳои 90-ум ба ҳайси «менеҷери молия»-и пинҳонӣ ва махсуси Раҳмонов кор кардааст. Боре ӯро баъди марги Сангак ва Файзалӣ дар соли 1995 чанд узви собиқи гурӯҳи Файзалӣ дуздиданд ва нақшаи онҳо ин буд, ки ӯро тарсонанд ва пасандозҳои пинҳонӣ ё пулҳои дуздидаи Раҳмоновро, ки аз созмонҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон омада буданд, бигиранд. Ҳар гуна зӯроварӣ карданд ва ҳатто ангуштони ӯро буриданд, аммо ӯ чизе нагуфт, то он даме, ки дивизияи 201-уми артиши Русия омада, ӯро наҷот дод. Аз ин рӯ, тахаллуси Наврӯз Aлиевич «Пистолет» аст ва агар дар ҳар вохӯрӣ ё ҷамъомад ба нишасти вай таваҷҷӯҳ кунед, як дасташ ҳамеша пинҳон мемонад. Баъд аз ин Раҳмонов ӯро ба яке аз ғуломони наздиктарини худ табдил дод ва ҳамин аст, ки Раҳмонов ҳар дафъа ба Хуҷанд меояд, танҳо дар «Осоишгоҳи Бонки Миллӣ дар Қайроққум» мемонад. Наврӯз Aлиевич ба ҷуз аз наздик будан бо Раҳмонов ва муомилоти молии ӯ то имрӯз, дар тӯли 20 соли охир аз ҳукумат, бонкҳо ва дигар сармояҳои молии вилояти Суғд дастикам 120 миллион доллар дуздидааст. Дар наворҳои шумо ман ҳеҷ гоҳ надидаам, ки шумо аз ин «рыцари тира» ёд карда бошед. Писари ӯ ҳоло раиси Мастчоҳ- Аъзам яке аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ аст, аз ин рӯ, дар Хуҷанд мисли як бандит рафтор мекунад. Ҳоло ӯ ҳар ҷои дилхоҳашро барои худ интихоб мекунад ва мегирад. Дар Чумчуқарал дар қисми калони боғи ботаникӣ тарабхонаи шахсӣ ва маконе сохтааст, ки дар он асосан чизҳои ҳаром маъмуланд.

PS: Дар мавриди амалҳои дигари Навруз Валиев, масалан   контроли даромадҳо аз наркотикаи оилаи пешво Навруз Валиев дақиқан он кореро мекунад, ки марҳум Шуҳрат Исматуллозода барои Ҳасан Асадуллозода дар Ориёнбонк мекард.

Наврӯз Aлиевич солҳои тулонист, ки дар курсии  раиси «Бонки миллӣ» дар шимоли кишвар нишаста ин  корҳоро ба манфиати ин оила анҷом медиҳад.

Маълумотҳои ҷолиби дигаре аз робитаҳои Навруз Валиев бо қочоқчиёни маводди мухаддир дар Узбекистону Афғонистон ва низ инки дар ин тиҷорат саҳми Раҳмонов ва оилаи вай чи қадар аст, ва инки бо бародари Қодир Качалаев, ронандаи Раҳмонов,ки дар гумруки Суғд раис мебошад Навруз Валиев чи ҳамкориҳо дорад, маълумотҳои зиёде омадааст, ки ҳатман якеро паси дигар мунташир хоҳем кард.

Поёни бахши аввал, идома дорад….

Сообщение Раиси «Бонки миллӣ»-и вилояти  Суғд ё «дасти рост»-и Раҳмонов дар наркобизнеси шимоли Тоҷикистон появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ. нет»№171
Мову шумо хуб медонем, ки Раҳмонов бо ислому масҷид миёнаи хуб надорад. Худоро қабул надорад. Аммо лозим шавад хонаи худоро ба манфиати шахсиаш истифода мебарад. Манзури мо ин нест, ки имомхатибҳо мавъизаҳову хутбаҳоро барои ва ба номи Раҳмонов мекунанд. Гап дар бораи ҳодисаи дигар меравад. Ва ин ҳодиса дар Исфара рух додааст. Як дастаи мусаллаҳи махсус ду сол мешавад, ки яке аз масҷидҳои инҷоро тасарруф ва ишғол кардаанд:

Исфара

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Дар Исфара зиндагӣ мекунем. Деҳаи мо як деҳаи ҷангзадаи ҷанги тоҷику қирғиз аст. Ними деҳаи мо ба ҷамоати шаҳрак нигоҳ мекунад. Ними дигараш ба ҷамоати деҳаи Сурх. Инҷо 130-140 хонавода ба сар мебарад. Мо як масҷид дорем. Дар вақти ҷанги бо қирғиз спетсназҳои МВД-ро оварда дар масҷиди мо ҷо карда буданд. Тақрибан якуним сол нарафтанд.

Масҷид  маҳкам буд. Чор мусафеде, ки дорем ҳеҷ ҷо баромада наметавонанд. Ҳамонҷое, ки мебаромаданду бо ҳам суҳбат мекарданд масҷид буд, ки ҳамонҷоро ҳам маҳкам карданд. Сарбозу нируҳои махсуси дунёро овардагӣ. Танҳо хурдаву хобанд. Як нафарро ту бачаатро ба хизмат надодӣ гуфта (вай оилавӣ Русия рафта буд) дар хонааш шишта буданд ва масҷидро холӣ карданд. Ана боз шаш-ҳафт моҳ  гузашта буд, ки он бача омада хонаи маро холӣ кунед гуфт. Ана акнун ҳозир омаданду боз масҷид даромаданд. Баъди баромадани онҳо масҷидро мардум  таъмир ва зебо карда буданд, гилемҳояшро партофта курпачаҳои нав андохта буданд. Боз омада масҷид даромада гирифтаанд. Ва боз ҳамон чор одаме, ки  намоз мехонд аз масҷид берун монда сахт зиқ шуда истодаанд:

«Ҳамин якҷои мерафтагӣ масҷид доштем, ки боз он бадбахтҳо омада гирифтанд. Дар дари масҷид қуфл заданд».

Ду сол пеш, моҳи сентябр вақте бо қирғиз ҷанг сар шуд, моро аз масҷид ронданду дар масҷид омада шиштанд. Қариб ду сол шиштанд. Ҳафт моҳ пеш хонаи як одам рафта шишта буданд. Онҳо баргаштанд аз Русия ва ин спетсназҳо боз омаданд масҷид. Пештар масҷидро ҷазир карда буданд. Ҳатто аристон (обгармкунанак)ашро  канда рафта буданд. Мардум аристонҳои нав харида таҳоратхонаи тоза сохта ҳамаҷоро нав карда буданд. Инҳо боз омаданду даромаданду шиштанд.

Онҷо хонаи худо аст. Аммо дар даҳони инҳо ҳамеша садои дашному ҳақорат ва фалони очаву отаҳояшон овезон: ачата фалон кунум,к..и ача аз руи ҳавлии масҷид бакуча мебарояд. Аллоҳ хоратон кунад наход хонаи Худоро дашномхона кунед ва эҳтироми ин хонаро риъоят накунеду ба ҷой наоваред? Як лагер дорем дар пушти масҷид. Онҷоро погранзастава военний част  кардгианд. Лекин ҷойҳои холӣ ҳаст. Мо намедонем чаро ин бадбахтҳоро оварда дар масҷид партофтаанд.

Раиси ҷамати деҳоти Сурх се сол шуд ҳамон одам аст. Инҷо як маҳаллаи майда. Барои ҳамин ду маҳалла якто шудагӣ. Номаш маҳаллаи Чорбоғ, ки пеш Қарабоғ мегуфтанд. Талаби мо ин аст, ки ин спетсназҳоро аз масҷид берун кунанд ва ҷойи мусафедҳои моро нагиранд. Муйсафедони мо гиря доранд,ки моро аз масҷидамон маҳрум кардаанд инҳо.

Ҳисор

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз деҳаи Гаҷаки ноҳияи Ҳисор ҳастам. Ҳоло дар Русия кор мекунам. Дар мактаби №24-и ба номи Рустам Назарови деҳа бениҳоят зулм рафта истодааст.

Як директори нав омад, аниқтараш оварданд. Кадом ҷияни Қосим Роҳбар будааст. Кадом талаба аз бозор хариди либоси мактабӣ кардааст. Ӯро зада маҷбур кардааст, ки аз мактаб либос гиранд. Боз маҷбур карда истодааст, ки то 9 сентябр пули китобҳоро супоранд. Ин муаллима хуҷандӣ аст. Боз 10 нафар притсеп овардааст ҳамроҳаш. Тамоми мактабро ғасб карда гирифтааст. Ягон кас шикоят кунад кабинет дароварда таҳдид мекунад. Номи ин муаллима Юнусова Наргиса аст. Ин аждаҳори гушна на ба муаллим ва на ба талабаҳо раҳм дорад. Агар шикоят кунӣ 4 милисаро ҳамроҳаш оварда таҳдид мекунад. Ягон касро пешаш даромадан намемонад. Мардуми Гаҷакро ҷушида хоб аст. Мардуми Гаҷак мурғ шудагианд. Як қисмаш бузи бегонапараст. Наход дар як деҳаи калон як директор наёфтед?. Мактаб барои хонанда аст. Аммо айни замон мактаб 1300 талаба дорад. Синфхона намерасад. Мо фаҳмидем, ки ин директорро дар ягонҷо ба кор нагирифтаанд. Аммо ҳамон Қосим Роҳбар оварду монд. Акнун кана барин часпидааст. Раиси маҳалла дар ин зулм ту ҳам шарик ҳастӣ. Мемуред, ки синфхонаҳои изофӣ созед? Директори номуҳтарами мактаб барои либос, бизнеси дигарҳо бачаҳои моро назан. Аз руи шунавидаи мо худи ту ҳам дар фоидаи ин либосҳои мактабӣ шарик ҳастӣ. Барои ҳамин ба муаллимҳо, роҳбарони синфҳо ба зурӣ формаҳоро додаӣ, ки ба талабаҳо фурӯхта сумашро ба дасти ту диҳанд

Истаравшан

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам сиҳату саломат ҳастед. Ман дар шаҳри Истаравшан, деҳаи Ниҷонӣ зиндагӣ мекунам. Як навиштаи ман дар шумораи 155-и «Номаҳо аз ноҳияҳо» чоп шуд. Ин номаам дар барои деҳаи Ниҷонӣ мебошад.

Аввал дар бораи соҳаи маориф гап мезанам. Дар мактаби 55 ба номи Акмал Ҳомидов директор Достон аст бо лақаби зонтик. Мактабро таъмир намуданд. Боз   10-12 синфхона сохтанд. Аз муаллимҳо 200 -300 сомонӣ ҷамъ карданд. Боз ҳар як муаллим 5 -6 -7 рӯз бепул кор кард. Боз як чиз аламовар аст. Аз маорифи Истаравшан ҳар руз ду 3 ҳаромхур омада меистад. Боз ба талабаҳо формаи мактабиро маҷбурӣ фурӯхта истодаанд.

Мактаби дуввум рақами 9 аст ба номи Т.Зиёвиддинов. Директори мактаб Қушназарова Саодат як ҳаромхури зинокор. Мутаассифона, ин директори мактаб ба мисли як корманди барделҳо аст. Дар бораи беҷогардиҳову квартира ба квартира ҷурабозиҳову рестораншиниҳои ин директор мо маълумоти кофӣ дар даст дорем.

Директори мактаб ба фурӯши формаи мактабӣ чи кор дорад, ки ин директор талабаҳоро маҷбур мекунад. Агар талаба гуяд, ки ман аз дигар ҷо дастрас кардам туро ба амният месупорам гуфта тарс медиҳад.

Боз аламовараш ин аст, ки аз баъзе фанҳо 6- 8 соат дарсро гирифта ба кадом муаллиме, ки дарсаш кам бошад, мефурӯшад. Нархи як  соат дарс барои як сол 150 сомонӣ. Валлоҳи як беҷогарде аст, ки зери дасташ 25 -30 мард кор мекунад.

Агар дар мактаб духтарҳо  сараш румол ё ҳиҷоб бошад ана акнун тамом. Дар бало мемонад падару модари он духтар. Ин директор омаду чандин муаллимҳои ботаҷрибаро  аз мактаб сур кард.

Раиси қишлоқ ҳам як хоҳари Саодат. Номаш Қушназарова Нилуфар. Ин ҳам аз апааш ягон зарра фарқ намекунад. Бо ҳар баҳона ҳар рӯз аз мардум пул ҷамъ мекунад. Ном ба ном менависам:

1) барои мактабро нав сохтан

2) бари об

3) барои асфалт

4) барои барқ

5) барои  налог

6) барои пожар

7) стансияи барқӣ чапа шуд ё сухт.

Ҳама стансияҳои аз падарам калон. Газ ба нархи бензин расид. Дар деҳаи Ниҷонӣ чанд ҳазор мардҳо ҳастанд. Эй мардҳо биёед ин ҳаромхурро аз раисӣ сур кунем ва Абдурашидро аз нав раис монем.

Ин мардро подстава карда аз кор ронданд. Абдурашид хуб марде буд. Эй, мардҳои ниҷонӣ, куҷо рафт ғурури шумо, ору номуси мардии шумо?

«Ислоҳ.тв»-ро ҳама мебинад. Нависед, натарсед. 2 сол бозо мебинам, лайк мемонам, ягон чиз нашуд. Аз Эмомтапак натарсед. Замин осмон дар дасти парвардигор аст. Аз дасти Эмомтапак ягон чиз намеояд.

Боз дар бораи зоишгоҳ-роддоми Истаравшан. Дар ин бемористон аз охрана сар карда то главврачаш пул мепурсад ва ду чашмаш ба дасти бемору соҳиби бемор. Ҷойи хобонидани кудак пул мепурсад, кроват пул мепурсад, доя пул мепусрсад. Хуллас, инҷо ҳар касе халати сафед дорад, ҳатто ҳамон ошхоначӣ ҳам аз зани кудак ба дунё оварда пул мепурсад. Обший барои як тифлро то берун аз зоишгоҳ бароврадан то 2500 сомонӣ мепарӣ. Аммо маоши корманди ин зоишгоҳ, манзурам ҳамон врачҳо 1800-2300 сомонӣ аст.

Пеш аз туй барои аз духтур гузаштан рафтам. Духтур гуфт, ки аврататро нишон деҳ. Ман рад карда гуфтам, ки ин кор дар дину оини мо дуруст намегирад. Ва гуфтам, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи вассалам гуфтанд, ки …..Аммо гуфт, ки   пайғамбар гуфтан мегирад ман аврати туро диданам даркор, ба пайғамбар бовар  надорам, ту ба ман маъруза накун. Агар нишон надиҳӣ пулте печат монда медиҳам.

Ман пештар гуфтам, ки мактаби 55 бо ҳашар ва пули муаллимҳо таъмир карда шуд. Аммо ҳамон вақт аз маориф ҳар рӯз ду ҳаромхури коррупсионер омада болои муаллимҳо меистод. Боз аламовараш ин ки 1000 сомонӣ ба ҳар яктоаш доданд. Ин чи хел давлату давлатдорӣ аст, намедонам.

Бародар ин номаи маро нашр намоед. Номаи пешинаи маро дар шумораи 155 бароварда будед. Ҳамаи қишлоқ дид. Қишлоқи мо дар «Ислоҳ.тв» баромад гуфта ҳама тамошо кард. Ҳозир ҳам ҳама мебинанд.

Мастчоҳ

Салому дуруди бепоëн ба Шумо ҳайати эҷодии тими «Ислоҳ». Ташаккури зиëд ба Шумо, ки номаи ирсол намудаамро дар барномаи «Номаҳо»  дар №162 (дар мавриди фурӯхтани замин ба Узбакистон) ҷой додед. То ин дам банда худ, ки хонандаи доимии шумо ҳастам фикр мекардам, ки баъзе номаҳо бофтаи «Ислоҳ» мебошанд. Ва баъде оне, ки номаи худро фиристодам бе ягон тағир, ҳатто бе ягон калимаи зиëдатӣ нашр кардед, фаҳмидам ва  боварии комил ҳосил намудам, ки ягон камбудӣ, ғалат ë туҳмат дар «Ислоҳ» дида намешавад. Сад дар сад ҳар як калима аз мардум мебошад. Ва мардумро даъват менамоям нависед, ҳар он чи мегузарад, ҳар он ҷое ноҳақиеро мебинед, чи аз зулму ситам, чи аз пора нависед ва боварии комил ҳосил намоед, ки исму насаби шумо маҳфуз боқӣ хоҳад монд.

Хуб мегузарем ба ҳолати дарунии КМҶТ, ки сарбозон чи ҳол доранду афсарон чи муомила доранду чи мехуранду чи мепушанд. Сараввал инро хостам гуям, ки ман во нахурдам афсар ë прапоршикеро, ки бе дашном сухан гуяд.

Даромадан замон ба Маркази таълимии ноҳияи Спитамен қисми ҳарбии 0230 ба мо сару либос дода шуд. Вой! Танҳо вой метавон гуфт бародари азиз! Дар маркази таълимии Спитамен гуруснагии сарбозон дар дараҷаи олӣ аст. На танҳо сарбозон, ҳатто афсарон тамоми полковникҳо нишаста гарохшурбо мехуранд, чи расад ба сарбозон. Афсарон ҳама мисли муш аз паи сарбозон, ки телефони якеашро пайдо кунам, ҳеҷ набошад як обедча ташкил кунанд. Аз маоше ба сарбозон барои молу амволи шахсӣ (собун, хамираи дандоншуӣ, ҷуроб ва ғайра) дар тули хизмат дода мешавад, ман боре он пулро қапидан он су истад, ҳатто надидам. Намегуям пул гум мешуд, сардори ротаи мо майор Каримов меовард аз маоши мо, ки 29 сомонӣ буд.

1). Собун — 80 дирам

2). Шоткаи дандоншуӣ — 1 сомонӣ

3). Хамираи данданшуи -1,5 сомонӣ

4). 2 жилети ë ин, ки станоки ришгирӣ

Инҳо буданд барои як моҳ. Бо он жилетҳое, ки ба мо медоданд, ҳатто бо 4 -тои ин жилетхо риши баъзе аз сарбозро, ки риши ғафс дошт, гирифтан имкон надошт. Ва ин 2 жилет ë ин, ки станок танҳо барои риш не, барои тамоми бадан ба муддати як моҳ дода мешуд. Дигар чорае набуд, пусткан карда руйҳоямонро риш мегирифтем, бо оби хунук дар болои барф. Тамоми сарбозоне, ки дар 0230 буданд медонанд, ки ман куҷоро дар назар дорам. Ҷое, ки дасту руй мешустем ҳамон баняи тобистона.

Ба ҳамин тамом ва салом. Касе шояд пурсад дар куҷо ҳаст собун 80 дирам? Вале ман он замонро дар назар дорам ва ҳатто дар баъзе собунхо нархнома (ценники) часпонда шуда буд. Ин ҷинояти якуми майор Каримов. Мутобиқи оиннамомаҳои КМҶТ сарбози оиладор ҳуқуқ дорад ҳар моҳ муддати 2 шабонаруз рухсат шавад.   Сад афсус, ки оинномаҳо ва қонунҳои КМҶТ чун дигар қонунҳо дар коғаз боқӣ мемонанд. Майор Каримов аз ҳар як сарбози оиладор 200 сомонӣ мегирифт ва рухсат мекард, бе иҷозаи муовинони командири қисми ҳарбӣ. Ҳатто онҳо огоҳ намешуданд. Ва худ мегуфт «Ича ма сардори ротайм, ма гап мезанм, фақат ма задагийм командира кати муовинош». Хуллас, медидам чи рузи сахт, қин, азоб болои сари сарбозони оиладор.

Муддати 6 моҳ бо гуруснагӣ дар он ҷо хизмат кардем ва омадем ба отряди сарҳадии  0201 ноҳияи Мастчоҳ яъне интиқол-перевод шудем. Ва моро баъди 2 рӯз ба ДС-и 3юми Деҳсор равон намуданд ва шуруъ шуд хизмат. Дар мавриди лату куб (дедовщина) сухан намегуям, чунки ба ҳамагон маълум аст. Аз навраси мактаб то пири барҷомонда ҳамагӣ огоҳ ҳастанд, ки «хар дар даруни замини кишт он қадар шатта намехурад, мисли сарбозони Точикистон». Даромадан замон ба ДС пойафзолҳо (берсиҳоямон) ва тасмаҳои миëнамон (бляхаҳоямон) ва кулоҳҳоям шаби аввал дар ДС аллакай соҳибони аслии худро ëфтанд. Сардори ДС капитан Ҳабибов Файзалӣ ҷони мардум ва молдорони деҳаи Деҳсорро ба нуги бинӣ оварда буд. Сари ҳар моҳ як буз ва як гусфанд мегирифт ва иҷозат медод, ки лаб ба лаби симхор молҳо бичаранд. Ва ҳангоми фиристодани наряд дар фармон мегуфт «Лав -лави симхор чтоб ягон пашша набоша» . Ба чашму гуши наряди сарҳадӣ хок мепошид. Гуë ин, ки мо сарбозон аз ҳеҷ чизе хабар надорем. Худи чупонҳо ба мо худ мегуфтанд, ки сардори Шумо ин қадар инсони пасти нафскалон аст. Наход, ки сари моҳ 2 сар моли майда нарх монад. Вале чи илоҷ, ки деҳа дар марз қарор дошт ва зиндагии ин мардум дар марз асту чорае надоранд. Капитан Ҳабибов Файзалӣ маҳз барои овардани молҳо аз хонаи мардум сарбозеро барои худ ҷудо намуда буд. Танҳо барои овардани молҳо он сарбоз мерафт ва интихоб намуда сари ҳар моҳ 2 сар гусфанд мегирифт

Ва боз аз ҳамин деха ба марди дигаре мефурӯхт. Ҳамаи молҳои гирифтааашро маҳз ба он мард мефурӯхт. Сардори ДС ва муовини дуюми ӯ лейтенанти калон Ғозиев Ҳусейн сарбозонро мисли ғуломҳои давраи феодалӣ истифода мебурд. Бо ивази маблағ сарбозонро аз ҳама намуди наряд ба ҷуз 2 часавой (посбони назди дидбонгоҳ) ҳамаро аз наряд озод намуда ба бор кардани тарбуз ба алафдаравӣ ва ҳезум майдакунӣ ҳатто ба сохтмонҳои сокинон равон мекард ва даромад ба даст меовард. (Сарбозеро медонам, ки тули моҳҳои дароз танҳо шабҳо ба ДС меомад ва субҳгоҳон ба вақти подъëм ба деҳа ба кор ба сохтмон мерафт). Ва метавон гуфт ин шикоят нест. Мо баръакс он замон хушҳол мешудем, ки ба хонаи сокинон рафта кор мекунем. Маблағ ку не ва ҳеҷ набошад, шикамҳоямон сер мешавад. Зеро дар ДС приловкае, ки танҳо дар об ҷушонида шудааст, ба худо дар ҷонамон зада буд. Гуфти писари Марями гурсухта шукрона кунед гуëн шукр карда алаф медаравидем, шукр карда тарбуз бор мекардем ва шукр карда хонаҳои сокинони деҳаи Деҳсорро таъмир мекардем, шукр карда чуб майда мекардем ва шукр гуëн хизмат мекардем. Ягон сарбозеро намедидам, ки вақте уро ба кор ба деҳа фиристад у ғамгин ë ин ки «через не хочу» равад. Сардори ДС капитан Ҳабибов Файзалӣ чунон хашмгину бераҳм буд. Пас аз лату куби сардори ДС сарбозро не лаб, не ру не тани обод мемонд. Ва чунон даҳони ифлос дошт, ки сарбозро бе дашном ном намегирифт: Фалонӣ Фалонӣ апа, Фалонӣ Фалонӣ хоҳар гуëн ҷеғ мезад. Худаш ин чи гап, мо сарбоз ë ки ғуломи афсарон. Капитан Ҳабибов вақте ба ДС омад, як бомж буд. Ба ғайр аз як форма дар тан дигар чизе надошт. Ва оҳиста оҳиста аз деҳа хона ба иҷора гирифт, зананшро аз Кулоб ба ин чо овард. Аввал як мошини Жигули 06, пасонтар ӯро фурухта опели хачибек гирифт. Маводи хурокае, ки аз отярд ба ДС-и мо равон  мешуд старшинаи ДС Давлатов Диловар, ман намедонам меъдаи ӯ меъдаи асп буд чи буд 24 ба 7 кору ӯ танҳо хурдан ба телефон гап задан, синну солаш таи 40 бе зан кор танҳо зинокорӣ. Дар деҳа ҳатто ба кадом зане робита дошт. Ва мардуми деҳа ҳама инро медонист.

Рӯзе мардоне деҳа 10-12 нафар  ба ДС омада старшинаро пурсиданд. Вақте, ки навбатдори ДС ба ӯ расонд Давлатов дар синфхона нишаста буд ва аз тарс мисли токзадагӣ шуд ба навбатдори ДС гуфт рав гуй, ки «старшина ба отряд рафтааст баъди 1 ҳафта меояд».

Хуллас кадом як зулму фасоди ин давлату ин ҳукуматро гуем. Худи ман ҳукуматро мисли дарахте мебинам, ки фасод мисли кирми дарахт дарунашро кайҳо боз хурдааст. Не об, не барқ не ҷои кор. Не мемонанд зиндагиатро бинӣ. Ин чи намуди давлатдорист. Вале агар ба нуктаи асосӣ назар кунем гунбази бадбахтӣ дар Тоҷикистон ман танҳо раиси ҷумҳуриро мебинам, не вазир не кабирро. Зеро агар худи Раҳмонов дузду золим намешуд вазирону раисони шаҳру ноҳияҳо низ дузду ситампеша намешуданд. Чунончи гуфтаанд :

Абр агар аз қибла хезад сахт борон мешавад,

Шоҳ агар одил набошад мулк вайрон мешавад.

Душанбе

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқбол! Мову шумо ғоибона бо ҳамдигар шинос шудем ва намедонам ин чандумин хабару навиштаи ман аст, ки дар «Номаҳо…» чоп мешавад. Воқиан ҳам шумо бо нашри барномаи «Номаҳо…» кори моро осон кардед. Ҳарчизи будагиро мефиристем, шумо лабу лунҷашро рост карда чоп мекунед. Ва ҳоло хабаҳое, ки мехоҳам бароятон бирасонам:

«Омодагиҳои махфӣ барои гузаронидани маҷлиси ғайринавбатии Ҳизби халқии демократиро рафта истодааст». Хокзанҳои Раҳмонов намедонанд чи хел сценарияро пешкаш кунанд, ки то ҳол ин гуна корҳои воқеан баду…. надида буданд. Мондани Рустам як тарафи масъала бошад, боз муовинони раиси ҳизб як дарди сар. «Оҳ яке ира намонем, ки ба да оянда Рустама чнгрык мона. Оҳ ура намонем, ки бо дига кор кна»

Аммо Рустам кай парво дорад. Фақат кайф. Раҳмонов дар бари Рустам муовинҳои боақлу оддӣ ва бидуни амбитсия мехоҳад дар ҳизб монад. Аммо метарсад, ки боақл ҳатман як рӯз не як рӯз лингҳои Рустамро мебардорад. Чунки муовини аввал контроли ҳама чиз, аз ҷумла пул дар дасти вай аст. Вай бояд бисёр содиқ ва прослушанний ва бе амбитсия бошад. Чунин ҷавонро пайдо кардан албатта хело душвор аст.

10- 20 рӯз пас сар мешава лимит. Об нест. Ҳазор проблемаҳои зарурӣ дар пеш. Бюҷет комилан холӣ. Кураторони авлод чи коре кардиян, ки бюҷет холӣ аст.   Раҳмонов ягон амр медиҳад, ки «ай бюджет, ай фонди Президент гирен», аммо нест. Дар коғазхо ҳасту дар касса нест. Вақтхои охир Раҳмонов сахт менушад. Боз касалии старческий мразм дар ӯ пайдо шуда истодааст. Як амрро чанд бор медиҳад. Як корро чанд бор мепурсад.

Чанд рӯз пеш СС бо вай ва бо чанд нафари дигар якҷо буданд. Раҳмонов як корро чанд бор пурсид, СС руяшро мегардонаду механдад. Як нафар оҳиста аз СС пурсид, ки «генерал механден, тенҷияй, гуфт Ҷаноб бо осмонӣ шид».Он кавдани пурсанда хит накад маънои гапи СС-ро

Ва як хабари дигар. Ин хабар дар бораи Юсуф Раҳмони касиф.
Ин Генпрокурори домсоз, дар Душанбе, дар кучаи Қазоқон 2 дар пушти заправкаи «ГАЗПРОМ» як ресторани калони 2 этажаи аждаҳор дорад.
Дар 2 этаж, ресторан бо номи «МАГНОЛИЯ». Дар якум этажаш автосалони мошинҳои китайски, особенно модели  » «ЛИСЯН». Ин модел гибрид аст. Ва боз дигар моделҳои электромобили китайски!
То ҷое фаҳмидам дар ҳамин Душанбе дар як ҷои дигар ҳам стоянка полностью забитий, ҳама аз ҳамин мошинҳои электромобил задаги пур аст, дар онҷо ҳам савдо мекардаст. Ҳам дар якум этажи ҳамин зданий дорад ва ҳам як стоянкаи дигар дар пеши ҳамин ресторан, пури мошин аст.
Аз ҳама ҷои интересниш бародар!
Як оптовий фирма бо номи «РЕЛАКС» гуфтанӣ ҳаст дар Душанбе, ки ҳам хӯрока савдо мекунад ва ҳам битовой химия, (айнаву собун, ва ғайра) ва ҳамин фирма боз магазинҳои худашро дорад, бо ҳамин номи «РЕЛАКС». Яктояш дар Мехкалон дар наздикии масҷиди Мехкалон аст. То ҷое, ки фаҳмидам бо дар ду ё се ҷои дигар ҳам доштааст! Дар таҳхонаи ресторани «МАГНОЛИЯ», ки масоҳаташ беҳад калон аст, боз як магазини дигар сохтааст. Ин дар таҳхона. Ин магазин ҳам исми «РЕЛАКС»  дорад ва як фирма бояд бисозаду тармиму таъмир кунад. Он фирма ин ҳамаро аз ҳисоби худаш бояд дуруст карда диҳад. Ва боз условия мондааст, ки маҳсулоти савдои магазинро полности пур карда медиҳӣ, чи хурока бошад, чи маишӣ ва савдогаронашро ҳам худат меёбӣ. Гуфтааст, ки ман кор надорам. Кори ман фақат фоидаи савдоро гирифтан аст.

Бо як мошини «РЕНҶ РОВЕР»-и сафед меояд, як хабар мегирад кору боррову боз меравад! Шояд сохтмони ин магазин тамом шудаву он ба кор пардохта бошад. Барои онки ман ин хабарро чанд вақт пеш шунавида будам. Ҳатман боз месанҷем ва агар касе боз беҳтар донад ба «Ислоҳ» нависад.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ. нет»№171    появились сначала на ISLOH.net.

«Ҷигар ҷигару дигар дигар»
Исломиддин ва Умед ду писари Нуриддини тракторист, акаи тагтаррафтаашро Эмомалӣ Раҳмонов, ки ҳамагӣ чанд рӯзи қабл аз вазифаҳо барканор ва дар шумори бузурги бекорони кишвар қарор дода буд, зиёд маътал накард. Ин аз ҳамон лаҳзаи аввал маълум буд, ки Исломиддин ва Умед ҳатман соҳиби мансаби давлатӣ мешаванд ва имкон надорад, ки бародарзодаҳои Эмомалӣ Раҳмонов, дар ҳоле, ки ҳатто додару ҷиянҳои домодҳояш, масалан додари Шамсуллову ҷиянҳои Зоир дар курсиҳои давлатӣ такя мезананд, бекор монанду ру ба муҳоҷирати корӣ оваранд. Эмомалӣ Раҳмонов беҳуда бо Парда Қосим ҳамовозӣ намекунад ку: «Тоҷикистон ай манӣ..».

Ба ҳамин тариқ Исломиддинро, раиси Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон таъйин кард. Бо имзои худаш. Аммо Умед “дар мувофақа” бо Эмомалӣ Раҳмонов аз тарафи Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон, охирин қудои Эмомалӣ Раҳмонов (Фарзона, духтари кенҷагии Раҳмонов аруси Сафар, бачаи Юсуф Раҳмон шуд) прокурори Ҳисор, яке аз калонтарин ноҳияҳои Тоҷикистон таъин гардид. Ин ҳарду чанде пештар аз мақомҳо кор озод шуда буданд.

Исломиддин то вазифаи наваш дар мақоми раиси ноҳияи Данғара, зодгоҳи Эмомалӣ Раҳмонов  ва Умед дар курсии прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт кор мекарданд. Маълум буд, ки Раҳмонов, ин диктатори худкома, ки ҳукуматашро аз хешу табор, фарзандону домодҳо, қудоҳо ва ҳаммаҳалҳояш ташкил кардааст, ин ду нафарро аз дастархони пурнозу неъмат зиёд дур нигоҳ намедошт ва дар мақомҳои нав таъйин мекард. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Корди ин нафарҳо бояд то замоне, ки амакашон раиси давлат аст, болои равған бошад. Ва, амалан ин ҳарду аз ҳар лиҳоз, ҳам аз лиҳози карйера ва ҳам аз лиҳози онки доираи мансабу мақомҳои навбатиашон калонтару болотар ва муҳимтар аз ҳама серпултар аст, “гуфти гапо” “повишенний” рафтанд.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар фаъолияти ҳамаи сохтор ва ниҳодҳои давлатӣ ҳақи мудохала кардан дорад ва тамоми молу маҳсулоти воридотиву содирӣ ва истеҳсолӣ ва нарху навои хадамоти коммуналӣ бо вай мувофақа карда мешавад. Исломиддин аз музофот ба шаҳр омад ва вазир шуд. Албатта, ин як лутфу марҳамат ва инъоми бисёр ҳам гаронарзиш аст, ки танҳо ҷиянҳо ва он ҳам ҷиянҳо “любимчик” метавонанд сазовор бишаванд.

Нуктаи як каме мутафовит дар ҳасби ҳоли Исломиддин ин аст ки ӯ ё номи вай Исломиддин насабаш Хайриддин, на Нуриддин аст. Гап дарон аст ки Нуриддини тракторист дар паспорт Хайриддин ном дорад. Яъне ду нома. Аммо дар байни халқ ҳамчун Нуриддини тракторист машҳур аст. Ҳамон Нуриддине, ки ӯро худи Эмомалӣ Раҳмонов ба ҳангоми аввалин суханрониаш дар Иҷлосияи 16-и Хуҷанд дар ноябри соли 1992 бо як ифтихори баланд, гуфта буд, ки дар оила ва авлод “танҳо бародари трактористаш” ҳаст ва дигар каси дипломдор (!?) дар авлодаш надорад, дар тамоми кишвар машҳур карда буд. Он вақт ҳамагон ба Эмомалӣ Раҳмонов  каф кӯфта буданд, ки чи қадар “як бачаи деҳқон” аз бародари тракторчиаш бо ҳарорат суҳбат мекунад ва мегӯяд, ки ӯ тракторчӣ боқӣ хоҳад монд.

Аммо Эмомалӣ Раҳмонов на танҳо ба зери қавлу амалаш дар сиёсат, масалан дар аҳди додааш бо мухолифин ва имзои Созишномаи умумии сулҳ зад, ҳамчунин бародари тракторчиаш-Нуриддинро аз  як “тракторчӣ амак хуррам”(суруд аз китоби хониш) ба як феодал-фермер, бизнесмен-миллиардер табдил кард. Марҳум Нуриддин, ки дар шиносномааш Хайриддин гузаштагӣ як каме дертар “дар зери қанат”, ва сояи бози давлати бародараш ба давлату сарвати ҳангуфт даст ёфт. Дигар “посредник”-ӣ ҳам мекард, барои онки ягон мансабу вазифаро бигираду бидиҳад,”кришават” ҳам мекард барои онки тиҷорати фалонӣ пешрав шавад ва ё “налог”-у “коррупсия” ғам надиҳад. Замину замони Данғара дар ихтиёри ӯ гузошта шуда буд. Чандин сурук моли майдаву фермаи чорвои шохдори калон, мурғпарварӣ, пахта ва мамнуъгоҳ, парки бузурги Лендкрузер, Мерседесу БМВву ҳоказоҳои дигар. Ҷангалҳои асосии ҳатто Сари Хосор ҳам дигар ба моли хусусии Нуриддин табдил шуда буд. Як нафар рафтаву тамошо кардаву ангушти ҳайрат газидааст, ки дар ин дараҳову куҳу пуштаҳои зебоманзар ба камияш ба 5 миллион доллар анвои гуногуни молҳои ваҳшӣ аз қабилу хирсу оҳуву хуки ёбоиву титаву тазарву товус аз як сӯ, дарахтони токи испониву пиставу бодоми туркиву эрониву садҳо рангу хели дигарро ин  тракторчӣ амак хуррам оварда дар ин дара шинонидаву парвариш кардаву сабз намудаву борвар кардааст. Афсус, ки дар айни авҷи истироҳату дамгирӣ ва осоиш аз замони пирӣ миқрози аҷал дар даст маликулмавт омаду риштаи ҷонашро барканд. (Аз руи гапҳо дар хонаи зани чорум ё панҷумаш дар яке аз деҳаҳои Рашт) Ҳама духтарҳову домодҳои курсинишину амалдор ва бачаҳои пеши Данғараи ин амаки тракторчӣ дар сугу мотам нишастанд. Вале амаки суперменашон, Пешвои Данғара, балки Девори Данғара гуфт, “ ҳиҷҷотона ғам набоша… ягонҷотона ғам набошад” ҳоло, ки ҳастам бхрену бучарен.

Исломиддини Хайриддин Раҳмонов писари ҳамон Нуриддин, ки гуфтем ду нома аст ҳам Хайриддин (документалний) ва ҳам Нуриддин то январи соли ҷорӣ раиси ноҳияи Данғара буд. Ин бор низ амаки азизу мушфиқу меҳрубон, супермени Тоҷикистон нагузошт, ки руҳи Нуриддин-ҳамон танҳо як бародари тракторчии миллиардер ва феодали Данғара норозӣ бошад. Гирифту писари ӯро раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъйин кард.

Вақте Исломиддин раиси Данғара буд, ҳам трактори падарашро ҳифз мекард ва ҳам сарвату давлати ҷамъовардаи ӯро. Овардани Исломиддин ба Душанбе барои он аст ки кор дар марказро ҳам ёд бигирад. Вале Раҳмонов сари вай нақшаниятҳои дигар ҳам дорад. Исломиддинро дар оянда раиси вилояти Данғара монданӣ аст. Данғара ҳоло бамаротиб аз Кулоб зеботару ободтару ояндадортар шудааст. Дигар вилояти Кулоби собиқ барқарор ҳам, ки мешавад, номи Кулобро намегирад. Вилояти Данғара мешавад ва маркази маъмуриаш ҳам Данғара хоҳад буд. Исломиддини Хайриддин Раҳмон писари акаи тракторчии Эмомалӣ Раҳмонов ба эҳтимоли зиёд раиси ояндаи вилояти Данғара хоҳад шуд: “Ҷигарда… ҷигар….”

Инки Раҳмонов ҷиянҳояшро дар вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ мемонад, ягон гапи наве нест. Вале гоҳо ҷиянҳо бисёр ҳам сахт «подвадит» мекунанд. Масалан чанд соли пеш Фахриддин Сафаров, ҷияни хоҳариашро сардори шуъбаи милисаи Шаҳринав монд. Дуди мардуми Шаҳринав ба фалак печид. Ин кам буд, ки вақти табобат Қурбонбӣ дар бемористони ҳукуматӣ дар Медгородок аз коронавирус даргузашт. Ҷоиз аст ёдоварӣ кунем, ки падари Фахриддини ҷияни Эмомалӣ Раҳмонов Холмуъмин Сафаров, раиси Иттиҳодияи ҷангали Тоҷикистон дар соли 2012 дар маҳаллаи Автовокзали Душанбе як субҳе тирборон шуда ба ҳалокат расид. Он вақт гуфтанд,  ки Холмуъмин аз як пулдор 350 ҳазор доллар гирифта будааст, ки ба Эмомалӣ Раҳмонов, яъне додари арусаш медиҳаду раисӣ дар кони Шугновро гирифта медиҳад. Яъне посредникӣ карда “якчи нимчи” барои худаш ҳам кор мекард. Аммо Раҳмонов аз каси дигар пули калонтар гирифта кони Шугновро ба вай медиҳад. Ин нафарони пулдода пулашонро аз Холмуъмин руёнида наметавонанду дигар ӯро ба қатл мерасонанд. Хуллас, ин Раҳмонов, чуноне мову шумо медонем, ҳамин тавр тамоми вазифаву мансабҳои давлатиро мефурушад.

Ва, аммо ҳоло гапи мо сари Фахриддину Қурбонбӣ ҷиян ва хоҳари Эмомалӣ Раҳмонов меравад. Фахриддин, вазири тандурустиро зада ҷоғу даҳонашро мешиканад, ки модари ӯро аз коронавирус наҷот дода натавонист. Баъди ин ҳодиса, ки овозаву дарвоза шуд, Раҳмонов Фахриддинро аз кор снимат кард.

Вале, акнун биоем ба сари Умед Раҳмонов, ки аз соли 2015 то соли 2024 Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт буд. Дар ин солҳо вай чи корномаҳо нишон дод ва чи қадар аз қонуншиканӣ ҷилавгирӣ кард, касе чизе намедонад. Вале барои хизматҳои шоёнаш амакаш медали хизмати шоиста ба Умедро ҳануз соли 2014 дода буд. Он замон вай дар системаи прокуратура ҳатто кор намекард.

Инро ҳам бигуем, ки нардбони карйера Исломиддинро фақат ба самти боло вале бо суръати гиперзвукавой ракета боло бурдааст. Исломиддин соли 2018 раиси Данғара шуда то 30 январи соли 2024 шаш сол дар ин мақом кор кард. Аммо ин “арбоби давлатӣ”, ки  40сола мебошад қабл аз Данғара дар Бонки миллӣ ва «Ориёнбонк» кор карда ва дар солҳои 2015 то 2018 муовини раиси «Амонатбонк» буд. Яъне ҳануз, ки 30 сол дошт муовини Амонатбонки ҷумҳурӣ шуда буд, ана инро ҷаҳиши кайҳонӣ мегуянд.

“Ҷигарда ҷигар…»

Ҳамин тавр Умед ҳам аз як мансаби кучаки вазорати адлия мустақим ба курсии прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт лангар андохт. Бале, «ҷигарда ҷигар..» Ҳамон вақти таъиноташ яъне 22майи соли 2015 расонаҳо, аз ҷумла «Азия плюс» навишта буд, ки «Умедҷони Нуриддин, писари бародари калонии Эмомалӣ Раҳмон – Нуриддин Раҳмонов пеш аз ин сардори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Тоҷикистон буд. Вай моҳи августи соли гузашта медали хизмати шоиста гирифтааст».

Аммо, яке аз ҷолибтарин тағйироти кадрӣ, баъд аз ҷаласаи Шурои амнияти Тоҷикистон, дар авоили соли ҷорӣ, ки Раҳмонов бо як иқдоми камсобиқа масъулони раддаи ду ва сеи мақомоти қудратӣ, аз ҷумла Шодӣ Ҳафиззода, сардори УБОП, маъруф ба 6-ой отдели ҷумҳуриро барканор кард, таъйини ин нафари бадномшуда ба мақоми роҳбари Дастгоҳи марказии ВКД аст. Ҳамон вақт яъне 19 январи соли ҷорӣ Хадамоти матбуоти Тоҷикистон гуфта буд, ки «сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ, ҳолатҳои коррупсионӣ, афзудани ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот» дар ҷаласаи мазкур баррасӣ шуд ва президент барои  «бесалоҳиятӣ, ҷавобгӯ набудани сатҳи иҷрои қонунгузории замин, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои коррупсионӣ»  онҳоро аз вазифаҳо барканор кард.

Дар шумори ҳамин гуна афсари олирутба, ки Шодӣ Ҳафиззода ҳам медарояд, аз кор барканор шуда буд. Аммо ҳоло ӯро дар мақомои болотар таъйин карданд, албатта, ки бо мувофақа ба Эмомалӣ Раҳмонов ин кор сурат мегирад, агарчи Шодӣ Ҳафиззода шавҳари ҷияни  Рамазон Раҳимзодаи Ҷеки Чан бошад ҳам, ҳатман Раҳмонов розигӣ медиҳад. Яъне ин овардани хешу таборҳо ба мақомҳои давлатӣ бо таҳрик ва мувофақаи худи Раҳмонов сурат мегирад,  чунки худаш тамоми олу авлодашро дар масабҳои давлатӣ шинонидааст. Аммо як раҳ, ҳатто як раҳ аз Рамазон Раҳимзода суол намепурсад, ки ман ин Шодӣ Ҳафиззодаро аз кор сур кардам,ту чаро меоварӣ?

Бинобар баъзе маълумотҳо Шодӣ Ҳафиззода тавассути Озода Раҳмонова ба худи Эмомалӣ Раҳмонов барои ин мақом 1 миллион доллар додааст. Яъне, ин гапҳо, ки милисаву прокурору амниятиҳоро Раҳмонов аз кор ронд як дуруғи навбатии вай буд ва инро мо борҳо дидему мушоҳида кардему бовар дорем, ки ин ҳама демагогия, мардумфиребие беш нест.

Вале, барои як каме ошноӣ пайдо кардан бо Умедҷони Раҳмонов, ҳамакнун прокурори Ҳисор як иқтибосеро аз сомонаи “Бомдод” пешкашатон менамоем:

“Бино ба иттилои як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ, ки ҷараёни тафтиши парвандаи азобу уқубати Мадина Мамадҷоноваро таҳти назорати шахсии худ гирифтааст, дар робита ба ин парванда писари амаки худаш — Раҳмон Умедҷони Нуриддинро низ ба назди худ даъват карда, барои нақши фаъолонааш дар пӯшондани ин парванда сахт ҷанг кардааст. Рустами Эмомалӣ ба Умедҷони Нуриддин, ки додситони ноҳияи Синои шаҳри Душанбест, гуфтааст, ки “шумо бо чунин амалҳоятон обрӯи оилаи моро ба замин мезанед. Ман ин масъаларо ба падарам мерасонам, бигзор, чора бинад.” Манбаи “Бомдод” мегӯяд, ин суҳбати тунди Рустами Эмомалӣ бо Умедҷони Нуриддин қариб ду ҳафта пеш, қабл аз баррасии масъалаи Мадина Мамадҷонова дар ҷаласаи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Душанбе ва дар нишасти ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзҳои 1 ва 2 ноябр доир шуданд, сурат гирифтааст. Ҳам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи аввал ва ҳам президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат талаб карданд, ки масъулони дар кӯшиши пӯшондани ин парванда саҳим аз мақомот ронда шаванд. Дар пайи ин дастурҳо, тавре қаблан хабар додем, Зафар Исмоилзода ҳамон рӯзи 2 ноябр аз мақоми сардори шуъбаи милисаи ноҳияи Сино барканор карда шуда, рӯзи 5 ноябр Сӯҳроб Салимзода, муовини аввали прокурори ин ноҳия низ тарки ин мансаб кард. Аммо Умедҷони Нуриддин, прокурори ин ноҳия дар мақомаш то ҳол боқӣ мондааст.»

Бале,Умедҷон ҳиҷ гоҳ, агар ҳатто ҷиноят содир карда бошад ҳам то вақте амакаш дар сари кор аст, «ч…ша ғам нест, зада меее—еее-гардад».

Инро ҳам бояд бигуем, ки ҳануз ду ё се соли қабл ӯро ба мақоми муовини Прокурори генералии Тоҷикистон шинонида буданд.

Ҳатто бархе аз расонаҳо ҳамчунин хабарро, ки Умдҷон   бо як ҷаҳиши бабрӣ ва як дави оҳуӣ аз курсии прокурори ноҳия мустақим ба курсии муовини аввали Прокурори генералӣ такя зад, чоп ҳам карда буданд. Вале, боз чизеро андеша карданд, ё чизе монеа шуд, ки ин фармони баимзорасида эълон нагардид. Ҳамон вақт як корманди коркуштаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар зери ин хабар навишта буд, ки чунин парвози баландро дар ин Идора касе ёд надорад. Балки, баракс дар курсии муовини аввали Прокурори генералӣ, ки амалан тамоми умур дар ин ниҳоди муҳим ва асосии давлатро ӯ назорат мекунад ва аз донишу таҷрибаву малакаи кордонии ӯ фаъолияти прокуратура вобаста аст то ба имрӯз кадрҳо ва мутахассисҳои ботаҷриба ва солҳо дар прокуратура кор карда таъин мешуданд.

Дар ҳар сурат он вақт ин мақомро надоданд. Аммо,  дар оянда касе ин эҳтимолро наметавонад инкор  бикунад, ки муовин ва ё ҳатто Прокуруори генералии ояндаи Тоҷикистон бишавад.  Феълан ин мақоми генералӣ аст, ки Умед Раҳмон надорад. Ҳануз, вақте Умедро аз вазорати адлия ба прокуратури Исмоили Сомонӣ оварданд гуфта буданд, ки ин кор ба масал муаллимеро монад, ки як соли пеш коллеҷро тамом кардаву дар мактаб ҳоло коромуз-пионервожатий буд яку якбора сардори Управленияи маорифи вилоят таъйин шуд.

Бо таъйиноти Умед дар мақоми прокурори Ҳисор бори дигар рушан шуд, ки Раҳмон чаро ин қадар зур мезанад, ки дар сари қудрат бимонад ва қудратро қабилаӣ ва авлодӣ кунад? Вақте мо мегуем,  ки ҳокимияти давлатиро, ҳокимияти мансуб ба миллатро ва ба мардумро бо хешу табору ақрабо, бо домоду духтарҳову ҷиянҳояш тақсим карда ва коре надорад, ки нафақахур чи руз дорад, бархе аз чоплусаконро қаҳрашон меояд ва онҳо мегуянд, ки Раҳмонов равад ҷанг мешавад ва Раҳмонов барои тоҷикҳо давлат сохта истодааст ва “ниҳодина” мекунад.  Бале,бале, дида истодаем, ки чи тавр “ниҳодина” карда истодааст.

“Ҷигарда …ҷигар ”

Вале як нуктаи мавриди ёдоварӣ ин аст ки солҳо пеш Бобоҷон Бобохонов, Прокурори генералии собиқи Тоҷикистон маҳз бо тавсия ва ҳатто хоҳиши худи Эмомалӣ Раҳмонов писарашро прокурори Ҳисор таъйин кард. Ҳисор як ҷойи бисёр ҳам даромаднок барои мансабдорон, махсусан мақомот аст. Онҷо зуд бой мешавад. Ҳамин Файзуллои писари Бобохонов ҳам бой шуда буд. Аммо кори худоро бинед, ки ӯро турма ва тамоми молу мулкашро мусодира карданд.

Умедро ба кормандони Прокуратураи Ҳисор Қосим Раҳбар, раиси Ҳисор муаррифӣ кардааст. Баъди ҳамагӣ чанд рӯзи муаррифии Умед, Қосим Раҳбарро аз мақомаш бидуни огаҳӣ ва бидуни кадом шарҳе Эмомалӣ Раҳмонов аз кор ронд.

Сообщение «Ҷигар ҷигару дигар дигар» появились сначала на ISLOH.net.

Э.Раҳмонов барои чӣ фармони “бе зарар” гардонии М.Алимардонов ва Қ.Қосимовро дод?
(бахши дувоздаҳум)

«Аз рӯи нақли Шерхон Салимов мувофиқи супориши пешво, онҳоро сахт тарс медод, то он ки ин ду нафар садҳо миллион пулҳои дуздидаашонро тавассути ягон аъзои оила ба тамос баромада, барои «тинҷ» намудани кору бори худ маблағҳоро то охирон сомонӣ оварда месупориданд.»

Хонандагони азиз! Мувофиқи ваъдаамон мо роҷеъ ба он шахсоне, ки барои муфлисшавии яке аз бонкҳои калонтарини ҷумҳурӣ- «Тоҷиксодиротбонк» гунаҳкор ҳастанд ва ҳазорҳо муштариҳои худро дар як ҳолати бади иқтисодӣ гузоштаанд, таҳқиқоти худро идома медиҳем.

Ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки онҳо бо фарзандони худ оромона бо маблағҳои мардуми ҷабрдида айшу ишрат намоянд. Хушаков Қурбон, Пиров Тоҷиддин, Саидов Давлаталӣ, Ҷамолиддин Нуралиев ва пуштибонҳояшон Абдуғаффор Ҳикматуллозода, Шерхон Салимов ҳатман барои ҷаллобиҳо ва қаллобиҳои худ, ки дар натиҷаи он садҳо миллион доллари мардуми бечораро аз они худ намудаанд бояд дар назди қонун ҷавоб бигӯянд. Албатта имрӯзҳо баъзе аз онҳо дастнорасанд, лекин вақту соат ва замонаш ҳатман меояд. Баъд аз мақолаи охирон, ба сари Хушаков аз якчанд тараф фишорҳо зиёд шуданд, ки ту даҳонатро маҳкам кун, вагарна ба сари ҳамаамон бадбахтиҳо меорӣ. Раиса Махсумовна сахт ба сари Хушаков дод зада гуфтааст:

«Ман Мавлавӣ гуфта дар ҳама ҷой мелақӣ, сиру асрори дӯстони худро дар ҳама ҷой фош карда истодаӣ, ҳама аз оилаи мо хафа ҳастанд, махсусан розҳои акаи Шерхонро барои чӣ овозаву дарвоза кардӣ, ту оқибат сари моро бо лақигиат мехурӣ».

Раиса Махсумовна тасмим гирифтанд, ки Хушаков Қубон Раҳматовичро зери санксияҳои шадиди худ бигиранд. Ба Хушаков графики вохуриҳояшро баъд аз вохӯрӣ бо доктор — психологи оилавӣ худи янга мулло сохта доданд. Мувофиқи тавсияи врач психолог, профессор Салимзода Нурулло, Хушаков Қурбон бояд доимо ором бошад, ба ягон гапу кор асабонӣ нашавад, ҳар рӯз ақаллан як филми ҳиндӣ бубинад, то ин ки фикру хаёли худро каме аз проблемаҳои бурӯз намуда дур бубарад. Албатта, назорати супоришҳои докторро Раиса Махсумовна ба дасти худ гирифта режимро назорат мекунанд. Ҳоло бошад Хушаков Қурбон зиёда аз 100 филми ҳиндӣ ва 60-70 мултфилмҳоро бо пуррагӣ тамошо намудааст. Янга мулло дар утоқи худашон бо дидани филму сериалҳои дӯстдоштаи худ машғул ҳастанд, ки дӯстдоштатарини онҳо кинои «Кровавая Мэри», (про английская королева), «Крёстная мат» — филми амрикоӣ ва сериали русии «Любопытная Варвара» мебошанд, ки Раиса Махсумовна чандмаротибаӣ нигоҳ кардаанд. Дар ин филмҳо роли асосиро занҳои бисёр бераҳм мебозанд.

Ба гуфтаи янга мулло аз ҳамаи ин филмҳои ҳаётӣ бисёр чизҳоро омӯхтаанд, ки имрӯзҳо дар ҳаёту зиндагиашон як дастуре шудааст. Ҳатман бояд тамошо кард, албатта Раиса Махсумовна филмҳои бадро тавсия намедиҳанд. Мо дар ҳақиқат баъзе натиҷаҳои ин филмҳоро ҳис кардаем. Вақте ки як дӯсти бисёр дерина ва наздики Хушаков Қурбон  ба аёдати ӯ вақти бемориаш ба хона меояд, Раиса Махсумовна ӯро ба ошпазхона ҷеғ зада, ба сараш бо кафлеси оҳанин ду се маротиба мезананд, ки ту ҳамроҳи дигарон нон ва намаки хонаи моро хӯрда истода, боз курнамакӣ менамоӣ, ба «Ислоҳ» хабарҳои хонаи моро мерасонӣ. Ин одам нафари якум нест, ки аз дасти Раиса Махсумовна хуб «шатта» хӯрда бошад. Як бечораи эронӣ, ки ба Хушаков ва Пиров бизнес намуда, маблғҳои калони худашро даҳсолаҳо гирифта наметавонад, ӯро ҳам бо баҳонаи хабаркашӣ ва ҳамкорӣ бо «душманон”-и Хушаков, дигар ба телефонҳояш ҷавоб намедиҳанд ва аниқ маблағҳояшро ҳам доданӣ нестанд. Бечора Алиризо Биҳиштӣ аз тамоми бонку ҳамсояҳои худ имрӯзҳо қарздор буда, пуле надоштааст, ки бо телефон бо Хушакову Пиров занг зада сӯҳбат намояд. Акнун боз рӯзаш сиёҳтар шуд, дигар ҳамаи ҳисобу китобро Раиса Махсумовна ба дасти худ гирифтаанду Хушаковро аз масҷид кашида назди телевизион бо диску кассетаҳои филмҳои ҳиндӣ ва мултфильмҳо шинонидаанд, то ин ки дар кӯчаву масҷид лақигӣ накунад. Дар ҳақиқат мардуми қадим рост гуфтаанд: “Ё мард бош, ё дар хизмати зани зӯр бош!!!” Офарин Раиса Махсумовна!!!

«Нақшаи барвақт кашидаи Хушакову Пиров ва аҳлу оилаашон нисбати соли нави 2023-ро дар Париж, дар яке аз ресторанҳои номдори собиқ ≤58≥, ҳоло бошад, баъд аз таъмир, ин ресторан номашро бо номи » Madame Brasserie» иваз намуда, дарҳои худро барои одамони табақаи «болоӣ» боз намудааст ва ҷойҳои нишасти худро 6- моҳ пештар барои шаби соли нави 2023 фурӯхтааст, ки Раиса Махсумовна тавонистаанд бо шиносҳои деринаи худ, як столи 10 нафареро он ҷо барои аҳли оилаи худ ва оилаи Пиров Тоҷиддин фармоиш диҳанд. Аммо сад афсус, ки Хушаков Қурбон ва Пиров Тоҷиддинро якчанд вақт пештар баъд аз вохӯриҳои Хушаков Қурбон бо нафарони дар ҷустуҷӯй буда дар Туркия ва вохӯриҳо бо намояндагони як соҳибкори дигар Аваз Назаров, шиносномаҳояшон ва дастхат оиди набаромадан аз марзи ҷумҳуриро Кумитаи амният аз онҳо гирифтааст. Маълум нест, ки чанд вақт пас шиносномаҳои хориҷии онҳоро Кумитаи амният ба онҳо бармегардонад.»

Хушаков мисли олимони беамал вақтҳои охир ба ёру дӯстони худ насиҳатҳо карда, зиёдтар дар мавзуъи бетарбия ба воя расидани насли навраси Аврупо  ва қонунҳои қабулкардаи парламенти онҳо нисбати озодии инсон, иҷозати гейпарадҳо, оиладоршаии ҳамҷинсҳо ва ҳамҷинсгароиҳо ҳарф мезанад ва таъкид менамояд, ки фарзандони худро ба давлатҳои мусулмонӣ барои омӯзишу кору бор равон кунед. Охир ин қадар одобу зиндагӣ ва қонунҳову рафторҳои он давлатҳои пешрафтаи дунё ба Хушаков маъқул набошад, савол ба миён меояд, ки барои чи худи Хушаков чор фарзанди худро дар Аврупо, садҳо ҳазор еврову фунт- стерлинг масраф намуда дар мактабҳои олӣ хононида истодааст, ҳол он ки писараш барвақт шаҳрвандии Фаронсаро гирифтааст. Духтаронаш иқомати доимии Англияро доранд. Худи Хушаков бо Раиса Махсумовна шаҳрвандии Русияро доранд, канӣ он патриоти ватан?! Ё ин ки қонунҳову зиндагии Аврупо ба фарзандонаш ягон таъсири манфие расонида асту ягон пушаймонӣ дорад аз равон намудани фарзандони худ?! Нисбати фарқи қавми лутиҳои Аврупо ва  мамлакатҳои мо ҳаминро гуфтаниам, ки агар дар як шаҳри калони Аврупо 50 нафар чунин бошад, кушоду равшан қоил мешавад, ки ӯ чунин аст, дар шаҳру районҳои мо мумкин даҳҳо нафар бошанд, лекин ҳама ба тамоми муқаддасот қасам мехӯранд ки ин тӯҳмат аст. Масалан тамоми халқ медонад, ки якчанд роҳбарони калони Точикистон ба мисоли Шерхон Салимов аз ҳамин парода «г.. махфӣ» ҳастанд, ана фарқи тарбияи мову Аврупо. Дар давлатҳои Аврупо, Америка, Англия ва бисёре аз онҳо, ҷинояти вазнинтарини дараҷаи аввал, ин дурӯғ гуфтан аст, дар ватанҳои собиқ шуравӣ баръакс, дуруғ нагуфтан қариб, ки ҷиноят шудааст. Вақтҳои охир Хушаков пурра аз як замоне бонкдор будани худ мункир шуда истода, кушоду равшан худро профессори сиёсатшиносӣ муаррифӣ дорад ва зиёдтари вақти худро бо сиёсатҳои Украинаву Аврупо бахшидааст. Як бонки беҳтаринро бо шефи худ профессори пиёз Пиров Тоҷиддин муфлис сохта, ҳазорҳо оиларо сарсону саргардон сохтанд кам набуд, ки боз ба сиёсати Аврупову Украина даст мезананд, ин давлатҳо бе гуфтаву маслиҳатҳои онҳо ҳам ақлу савод ва мардуми бо нангу номус доранд, ки мамлакатҳои худро ҳифзу обод мекунанд, беҳтараш боқимонда маҳорати худ ва ақлу саводи фарзандони худро истифода намуда, маблағҳои мардуми бечораро баргардонанд! Барои мо фарқе набуд, ки Хушаков ё Пиров Тоҷиддин дар куҷо соли навро пешвоз мегиранд. Агар як гурӯҳ мардуми ҷабрдида боз муроҷиат наменамуданд оиди баргардонидани маблағҳои гумкардаи худ дар “Тоҷиксодиротбонк”.  Мардум хуб мефаҳманд ки аз дасти мо ғайр аз навиштан дигар коре намеояд, лекин мегӯянд, ки ақаллан ба воситаи қалами шумо шояд садои умеди дилҳои моро бишунаванд. Инҳо нафарони аризадиҳанда;

1) Раҷабова Меҳригул — 13 000 доллари ИМА, ҳамсояи Хушаков дар шаҳри Душанбе.

2) Нурзода Муҳаммадӣ — 8750 доллари ИМА, собиқ ронандаи филиали Тоҷиксодиротбонк дар ноҳияи Рӯдаки.

3) Аслов Ҷамшед -17200 доллари ИМА, тренери мактаби спорти шаҳри Душанбе.

4) Бобозода Муҳсин — 32000 доллари ИМА, соҳибкори бозори Корвон.

5) Раҳмонова Мавҷигул — 6500 доллари ИМА, собиқ корманди вазорати тандурустии Тоҷикистон.

6) Раҳматуллоев Файзулло — 11800 доллари ИМА, соҳибкори самти Хитой.

7) Ҷалилова Сарвиноз — 4350 доллари ИМА, корманди шифохонаи Қарияи Боло.

Ҳамин тавр 15 нафар бо суроғаҳои хонаву рақами телефонҳояшон муроҷиати дастҷамъона кардаанд, ки ниҳоят дар як шароити бади иқтисодӣ қарор дорем, ақаллан як қисми маблағҳоямонро баргардонанд, қисми дигарашро ба Пирову Хушаков, Давлаталӣ Саидову Ҷамолиддин Нуралиев мебахшем. Аммо Пирову Хушаков, Давлаталиву Ҷамолиддин дар саргарми айшу ишрати худ ҳастанду ба оҳи ин бечораҳо намерасанд. Бояд каме инсоф кунед, аз Худо битарсанд, аз оҳи мардуми мазлуму бечора битарсанд! Пиров, Хушаков, Давлаталӣ Саидов ва Ҷамолиддин Нуралиев, асосан ана ҳамин 4-5 нафар, ҳамаи маблағҳои мардумро аз худ намудаанд ва бонкро ба нестӣ расониданд!

Корхонаи “Қолинҳои Душанбе”

Як ҳафта пештар дар шаҳри Душанбе, пешво ҳамроҳи писараш Рустам як корхонаи қолинбофиро кушод, ки гуё аз тарафи як соҳибкори ватанӣ Наврӯз Абдуллоев, писари Исмати дулик сохта шудааст. Мо дар ҳақиқат хурсанд ҳастем, ки як корхонаи хуби ҳозиразамон бо садҳо ҷои корӣ ба мардум дарҳояшро кушод. Новобаста аз он саволҳо, ки бо кадом маблағу аз куҷо ёфт,ба ҳама маълум аст, ки Исмати дулик ба тамоми бизнес, аз героин то духтарфурӯшиву вазифафурушӣ ва садҳо дигар ба ном бизнес даст дорад, лекин аҷоибии кор дар дигар ҷой аст, писараш Наврӯз Абдуллоев корманди Кумитаи гумруки Тоҷикистон асту ҳар рӯз дар Душанбе -2, контейнерный двор инспектор мебошад. Дар Тоҷикистон қонуни нав мумкин қабул карда бошанд, ки хизматчии давлатӣ ё коргари мақомоти қудратӣ метавонад боз дар ягон корхонаи дигар роҳбар ҳам дар як маврид кор кунад ё ин ки ин фақат барои фарзандони худиҳо бошад? Боз аз ин ҳам аҷибтараш, як шаб пеш аз кушодашавии фабрикаи қолинбофӣ, агар хабар дошта бошед, дар ресторан «ОК» аз пушти як духтар ду гурӯҳ ҷангҷол шуда, яке аз онҳо якчанд маротиба дар думбааш бо кордча захмӣ шуда буд, ки ҳамин бечора Наврӯз Абдуллоев мебошад, ӯро ҷияни Зоир Соҳибов бо кордча ба думбааш ду -се маротиба задааст, ки дар маросими кушодашавии фабрика худро бо як азоб идора менамуд, падараш Исмати дулик барои «страховка» аз пасаш меистод. Шаб ҷинояткорӣ, саҳар вохӯрӣ бо пешвову пешвоча. Фикр мекунед Рустами Эмомалӣ хабар надошт аз ҳодисаи шаби гузашта ё ин ки хабар надорад, ки Наврӯз дар гумрук кор мекунад?! Хато мекунед. Аз як тараф сардори милисаи шаҳр ва аз тарафи дигар Шоҳрух Саидов ҳатман хабарҳоро мерасонанд. Дар ҳакикат баъд аз чопи мақолаи охирон фишорҳо на танҳо бар сари Хушаков ва Пиров зиёд шуданд. Ҳатто ба унвони «Ислоҳ» низ садҳо номаҳо расиданд, ки зиёде аз онҳо бо далелҳои нав навишта шудаанд.

Оё Шерхон Салимовро туҳмат кардаем ?

Мумкин аст, 30-35% фисади номаҳоро аз ноҳияи Темурмалики (собик ноҳияи Советский) вилояти Хатлон навишта тасдиқи ҳамаи навиштаҷоти мо нисбати ҷиноятҳои содир намудаи муаллим Одина, падари Шерхон Салимов кардаанд. Боз мисолҳои хеле зиёд бо ному насаби ҷабрдидагону шоҳидони воқеаи нангинро навишта, бисёр сипосгузори кардаанд оиди кушоду равшан ва ошкор ҳақиқатро навиштани кормандони «Ислоҳ». Нисбати худи Шерхон Салимов бисёр аз нафарон тасдиқи «дӯстӣ» доштанаш бо шогирдони худ Ғолибу ду- се нафарони дигар бо номи Файзуллову Абдураҳиму Аъзам ва ронандаашро якчанд маротиба такрор намуданд. Мо бо Ғолиб ду- се маротиба ғайрати ҳамсӯҳбат шуданро намудем, лекин бо ҳар баҳона рад намуд, ки Шеф дастур додааст, ки бо ягон нафари ношиносе сӯҳбат накунӣ. Ҷолибаш ин аст ки якчанд нафар кормандони прокуратура сад дар сад асоснок навишта шуданӣ мақола нисбати ҷиноятҳои падараш ва «қавми лут» будани собиқ шефи худро тасдиқ бо далелҳои иловагӣ намуданд, ки дигар шубҳае набояд бошад.

Маълумоти аниқ аз як мақомоти қудратӣ дорем, ки ба пешво ҳамаи асли воқеъаро гуфтаанд. Ҷавоби пешворо дар саҳифа гузашта гуфта будам дар ин ҳолатҳо мо фақат тавба мегӯем, ки Аллоҳ ҳамин тавр шарманда накунад. Сирре нест, ки рӯзе ошкор нашавад, боз вақте ки 3-4 кас бидонанд. Мардуми тоҷик дар давоми 30 сол чунон дилҳояшон «суст» шуда аст, ки сирру асрори байни худро бе ягон мамонияту илтимос , ба дигарон, бо як фахр нақл мекунанд. Калимаҳои «мардиву ҷавонмардӣ ва дар сухани худ истодагарӣ» дар даҳсолаҳои охир барои аксарияти халки тоҷик як афсонае, ки иҷрояш номумкин шудааст, ҳама хабаркашу дурӯя, нисбати якдигар тӯҳмату буҳтон, аз тарси худ ба гуфтани ҳамагуна дурӯғ тайёр будан, ин ҳама талаби ҳукумати имрӯза аз мақомоти қудратӣ ва ин натиҷаҳои «хизматҳо»-и онҳо мебошад.

Барои он ки вазирону генералҳои калон аз мастӣ, аз боигариҳои зиёд доштан ба ҳамин роҳҳои паст даст мезананд, ба мисоли баччабозиву «массажи простата»-и худ. Албатта, якчанд хешу табор ва ҳатто фарзандони Шерхон Салимов низ ба “Ислоҳ” зангҳо зада ба ҳамкориву ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуданд, ки мо ва падарам новобаста аз супоришҳои аз «боло» мешуда ба оппозисияи тоҷик кори баде накардаем ва кордор ҳам нестем. Ҳар як давлат бояд оппозитсияи қавӣ дошта бошад ва ҳатто чи хизмате бошад, бар ивази дигар номи Шерхон Салимовро нагирифтани «Ислоҳ» омода будани худро баён намуданд. Лекин принсипҳои кории кормандони «Ислоҳ», куллан аз принсипҳои кории ҳукумати Раҳмонов фарқ мекунад, барои «Ислоҳ», ҳақиқат, волоияти қонун, адлу инсоф, дар Ватани худ ҳар як фарди оддӣ озоду обод зиндагӣ доштан, озодона ақидарони намудани онҳо хело муҳим аст, ки Тоҷикистон ватани озоди ҳамаи мо тоҷикистониён мебошад, новобаста аз кадом кунҷи ин ватани азиз бошад.  “Ислоҳ” агарчи ҳеҷ хоҷаи хориҷӣ алҳамдулиллоҳ надорад ва бо садҳо мушкилот мувоҷеҳ аст. Аммо виҷдон ва номуси худро ба ҳеҷ қимате нафурӯхтаему фурӯхтани ҳам нестем.

Ин рӯзҳои сахт мегузаранд вале хиёнатҳо ҳатман рӯ мезананд. Мо намехоҳем дар пеши Аллоҳ ва миллат дар дунё ва охират шармсор бошем. Барои мо фарқе надорад, ки прокурор ё суду коррупсия кадом нафареро аз кадом ҳизбу ҳаракатҳо парванда кард ё ба ҳабс гирифт, муҳимаш одилона ва аз рӯйи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ҳақиқатан гуноҳҳоро исбот намуда, баъд ҷазо дода шавад. Сад афсус, ки имрӯзҳо 85=90% нафарони дар маҳкама буда тамоман бегуноҳанд, махсусан вақтҳои охир. Зулм болои зулм аст. Ба як гурӯҳ одамон, ягон қонун дахл надорад ба як қисми дигари одамон гуё зиндагӣ кардан дар ватани худ иҷозат набошад, ки бо ҳар роҳу баҳона ба зиндон равон мекунанд. Ҳазорҳо мисол дорем, ки нафаронро бегуноҳ бо супориши аъзои Оила ва наздикони онҳо, бо супориши вазирону бародарони онҳо ба зиндон равон кардаанд. Маҳз Шерхон Салимов барин прокуророн супоришҳои болоро ба хотири дар сари вазифа дертар нишастан, бераҳмона иҷро менамоянд.

«Дар давраи фаъолияти Шерхон Салимов аз директори Агентии коррупсия то охирон вақти иҷроиши вазифаи Прокурори генералии Тоҷикистон, садҳо ва ҳазорҳо нафаронро бегуноҳ ба солҳои дароз беасос зиндонӣ намудааст. Прокуратураи генералиро аз хешу таборони бешумори худ, аз ҳамкурсу рафиқони худ, фарзандони онҳо пур карда буд, тамоми собиқадорон, ҷавонони болаёқатро бо ҳар баҳонаву санҷишҳои фармоишӣ аз кор бо дасти сардори раёсати кадрҳо ронда буд. Принсипҳои кории ӯ дар ҳама идораҳо ҳамин тавр буданд. Агар панҷ соли дигар дар ин вазифа меистод, аз коллективи 1000 нафараи прокуратура, мумкин аст 70=80% наздикон ва хешу таборони ӯро ташкил медод. Ҳоло бошад дар куҷое нишинад, номи Юсуф Раҳмоновро бо як нафрат мегирад, ки прокуратураи генералиро гуё ба вазорати савдову сохтумон табдил додааст.»

Албатта Юсуф Раҳмонов низ фаришта нест, ӯ ҳам мардуми бегуноҳро бераҳмона бо супориши болову гирду атрофи он зиндон карда истодааст, лекин фаъолияти ӯро каме дертар мардум ҷамъбаст менамояд. “Ислоҳ” дар мавриди Юсуф Раҳмон чандин матлаб дошт ва оянда ҳам дар мавриди ин ҷинояткори ҳирфавӣ матолиб нашр хоҳем кард ва аслан ташвиш набошед.

Ҷиноятҳои Шерхон Салимов дар Коррупсия

Мо дар поён як- ду ҷинояти «майдатарини» Шерхон Салимовро номбар карда мегузарем, ки даҳҳо миллион доллар пора гирифтааст. Баъд шумо худатон хулоса бароред, Юсуф Раҳмонов бизнесмен аст ё ин ки Шерхон Салимов одами бегуноҳ ва фаришта аст. Охирҳои соли 2006, маҷлиси намояндагон лоиҳаи таъсис додани як мақомоти навро ба имзо расониданд, ки роҳбари ин агентии навтаъсиси мубориза бар зидди коррупсия худи Шерхон Салимов аз тарафи Президент таъин карда шуд. Ба ин мақомоти нав президент бисёр имтиёзҳоро дод, то ин ки ягон натиҷаи хуб барои пур кардани бюҷети давлат, камтар дуздиву ғоратгарӣ намудани пулҳои бюҷетӣ ва маводҳои давлат буданд, ки ин яке аз самтҳои асосии ин мақомот ба ҳисоб мерафт. Шерхон Салимов мисли гурги гушна мехост ҳарчи зиёдтар имтиёзот ба ин мақомоти навтаъсис ба воситаи Маҷлиси намояндагон бигираду «даврронӣ» намояд ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Аз рӯйи нақлҳои Шерхон Салимов, пешво дар вақти таъиноти Шерхон Салимов ба директори Агентӣ таъкид карда будааст, ки содиқона ва ҳалол вазифаҳоро иҷро намо, оянда ҷоят маълум аст. Аз рӯзи аввали корӣ ба кадом корҳо машғул шудан, кадом кадрҳои «азхуд» рафтаро шикастан ё ба ҷояш монданро пешво ба ӯ ном ба ном фаҳмонида дода буда аст.

Бе зарар гардонии Муродалӣ Алимардонов

Яке аз ин нафарони ба рӯихати сиёҳи пешво афтида, наздиктарин нафари худӣ, дастурхончии пешво, собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов, ки гуё раисони ҳамаи бонкҳои навтаъсиси Тоҷикистонро аз мардуми ноҳияи Ҳисор, аз ҳисоби хешу табор ва шиносҳои худ таъин карда будааст, тамоми маблағҳои Тоҷикистонро зери назорати худ ва ҳамшаҳриёни худ гирифтааст. Молу амволи хеле зиёд ҷамъ кардаасту солҳои охир дар кӯчаҳои Ҳисор аз мошини худ ба мардуми камбизоат бандҳои долларҳоро тақсим мекардааст. Аспҳои қиматтаринро аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя бо 200-300 ҳазор долларӣ ва ҳатто қимматтар харида меовардааст. Садҳо ҳазор гову гусфандро дар дараҳои Ҳисору Қаротоғ бо шароитҳои хуб нигоҳубин мекардааст. Номаш дар саҳифаҳои журнали “Forbes” ҳамчун як миллиардери тоҷикистонӣ пайдо шуд.  Аз ҳама зарбаи сахт ин шуд, ки зиёда аз 700 миллион доллар маблағи кӯмакҳои хориҷӣ ва қарзҳои имтиёзноки бонкҳои байналмилалӣ дар вақти аудити байналмилалии Бонки миллӣ рӯй зад. Алимардонов гуйё дар баёноти худ ба аудиторон ин маблағҳоро «пешво медонанд» гуфта ҷони худро халос карда бошад, ки баъзе овозаҳо дар интернетҳо пайдо шуда буданд. Ин ҳама боиси қаҳру ғазаби пешво ва рашки аъзои оила шуданд. Баъд аз ин ба хулосае омаданд, ки хеле бой шудаасту оянда хавфнок ҳам ҳаст, боз дар пеш соли 2006 интихоботи президентӣ наздик мондааст. Албатта соли 2006 баъд аз ду се соли бонкдорӣ Ҳасан Асадуллозода маззаи бонкро аллакай хуб чашида буд ва ба боло маслиҳатҳо медод, ки дар Бонки миллӣ одами худӣ бояд бошад, Ҳасан ба худ ишора менамуд, лекин пешво сад фоиз медонист, ки Ҳасан савод ва ақли ин вазифаҳоро пеш бурдан надорад, барои ҳамин аввал бонкро бояд пурра аз кадрҳои Алимардонов тоза намуд. Ба ҳамин хотир аз рӯзи якуми кории Шерхон Салимов, ӯро таъкид намудааст, ки як парвандаи ҷиноятӣ ба Алимардонов оиди фасодкорӣ ва азхудкунии маблағҳои ниҳоят калони давлатӣ ташкил намояд.

Бе зарар гардонии Қосимов Қосим Роҳбарович

Нафари дуввуме, ки бояд нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тамоми маблағҳои дар даҳ соли охир ҷамъ кардаашро оварда ба бюҷети Оила месупорид, ин раиси собиқ вилояти Суғд Қосимов Қосим Роҳбарович буд. Аз рӯйи нақли Шерхон Салимов мувофиқи супориши пешво, онҳоро сахт тарс медод, то он ки ин ду нафар садҳо миллион пулҳои дуздидаашонро бо ягон аъзои оила ба тамос баромада, барои «тинҷ» намудани кору бори худ маблағҳоро то охирон сомонӣ оварда месупориданд. Ин супоришҳоро пешво гуё рӯзи аввали таъинот ба Шерхон Салимов дода, гуфта бошад, ки бо парванда ва кашокаш намудани наҳангҳои калони ҷумҳурӣ мақомоти навтаъсис дар назди халқ обрӯй мегирад ва ҳама роҳбарон тарсон мешаванд, ки дар назди ин мақомот эркаҳои президент ҳам қадру қиммат ва ҳимоя надошта будаанд, ҳол он ки Қосим Қосимовро аввали декабри соли 2006 президент аз вазифааш озод намуда буду дар як ҳолати бисёр хавфнок, доимо интизори пушти панҷара рафтанро мунтазирӣ мекашид. Шиносҳои Қосимов Қосим Рохбарович мегӯянд, ки дар 2-3 моҳ тақрибан 20-25 кг хароб шуда қариб ба алкоголик мубаддал гашта буд. Дар паҳлуяш ягон нафаре намонда будааст, ҳатто ба ном як мушовири роҳзан Эргаш Доминови қаршилик, ки ба тамоми ҷиноятҳои калону хурди Қосимов Қосим бевосита ҳамроҳ мебошад, бо баҳонаи касалӣ худро дар хонаи Прокурори генералӣ Бобохонов Бобоҷон паноҳ карда будааст, ки оиди ин масъалаҳо дар саҳифаҳои дигар дақиқтар менависем. Қосимов Қосим аз феврали соли 1996 то ноябри соли 2006, дар муддати даҳ сол ҷинояту хиёнатҳое, ки нисбати мардуми вилояти Суғд, нисбати соҳибкорону сиёсатмадорон, нисбати молу амволи вилоят, нисбати молу амволи мардуми вилоят, нисбати заминҳои вилоят, нисбати ҷавонони бо нангу номуси ин вилоят кардааст, садсолаҳо фаромӯш намешавад.

Ташкили гурӯҳи ҷиноӣ дар Суғд ва қатлу куштору ваҳшат

Аз рӯзи аввали таъиноташ ба раиси вилоят, дар вилоят аз ҳисоби фақат ҳамкурсони худ як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо армияи худ ташкил намуда, дар давоми зиёда аз даҳ сол то охирон носфурӯшу газетафурӯшони тамоми вилоятро ба «доля» шинонида буд, касе, ки каме саркашӣ ё гап гардонӣ менамуд, ҳатман бо СОБР- и ӯ,ки сардораш бо номи Ҷамшеди Кал ё бо бандаи бародараш Ҷаъфар бо тахаллуси «Шакал» сарукордор мешуд. Тамоми ҷиноятҳояш зери ном ва парчами президент буданд. Дар ҳақиқат бо дастгирии бевоситаи президент ва асосан Убайдуллоев Маҳмадсаид, вилоятро ҳамчун як ҷумҳурии ҷудогона сохта буд, ки ягон вазир ё вазорат, бе иҷозати Қосим Қосимов нафарони зердасти худро роҳбарӣ ё ба вазифа таъин карда наметавонистанд, ҳатто ба маҷлису ҷамъбастӣ сол бе иҷозати Қосимов ба Душанбе даъват карда наметавонистанд. Қосимов Қосим ба воситаи гурӯҳи ҷиноятии Ҷаъфари Шакал ва ҳамкурсонаш даҳҳо кушторҳои фармоишӣ супориш дода ба анҷом расонидааст. Махсусан баъд аз ба вилоят ворид гашта баромадани Маҳмуд Худойбердиев, ки ҳамаи он ҳодисаҳоро аз  мардум то имрӯз хуб дар ёд дорад ва интизори як рӯзи адолат мебошад. Масалан писари бародари Қосимов Зафар, ки ҳоло албатта рутбаи полковник ё генералӣ дорад, писари хоҳари сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳамон замон дар сари вазифа буд аз пешонааш дар маркази Хуҷанд ба қатл расонид, ягон дақиқа ба ҷавобгарӣ кашида ё ақаллан аз тарафи мақомоти қудратӣ пурсида нашуд. Кӣ мепурсад? Магар, Ваҳҳобов Абдурозиқ як гаишники кучагие, ки ӯро Қосимов бидуни розигии вазири корҳои дохилӣ Шарипов Ҳумиддин, бидуни маълумоти олӣ ба вазифаи сардори раёсати вилояти Суғд (началник УВД) гузошта буд. Ё ин ки прокурори вилояти Суғд Қурбоналӣ Муҳаббатов, ки ғайр аз кофтуков ва қасдгирии «душманон»-и Қосимов дигар коре надошт, ӯ пурсиш менамуд? Албатта ҳеч кас то имрӯз Парвиз Қосимовро напурсидааст ва намепурсад. Як мисоли дигар. Ба тарафи падар ва ё амаки яке аз ҷонишинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рофизода Мирзоамон Ҳамдам як магазин тир аз автомати Калашников холӣ намудани Ҷаъфари бародари Қосимовро ягон кас пурсидааст?  Албатта, Рофизода имрӯз аз шарм гӯяд, ки ман намедонам, ё ин ки ин хел гапу кор набуд. Ҳамаи ин ҷиноятҳо мӯҳлати даъво доранд ва каме дигар вақт лозим аст. Ҳамин тариқа ҷиноятҳои сӯиқасд ва куштор, ҳатто наздиктарин шогирдону бародарони худашро бо супориши Қосимов Қосим ва иҷроиши онҳо аз тарафи як гурӯҳ «бандаи» сохтаи Қосимов Қосим Роҳбарович  бо ҳама далелҳояш, санадҳояш дар дасти мо ҳастанд, лекин ҳоло барои тафтишоти одилона ва соф вақт лозим аст. Мавзӯъи имрӯзаи мо Қосимов Қосим нест, нисбати ҷиноятҳои зиёда аз даҳ сол намудаи Қосимов бо як ду саҳифа навиштан номумкин аст. Албатта дар вақтҳои наздик як силсилаи калони мақолаҳоро ба Қосимов Қосим ва фаъолияти ӯ дар мақоми раиси вилояти Суғд мебахшем. Қосимов Қосим дар ҳақиқат эркаи президент ва Убайдуллоев Маҳмадсаид буд, ҷавони 32-33 сола истифода аз мақом ва дастгирии боло хеле «ҳукмронӣ» ва пулҷамъкунӣ намуд. Агар як ҳофиза бо номи Фирӯза Алифоваро аз шавҳараш ҷудо намуда ба зани намегирифт, мумкин аст то пешво он қадар хабарҳои мудҳишу дилхарош намерасиданд. Вақте ки ӯ аз оилаи худ ҷудо шуда ба ҳофиза оиладор шуд, ҳамсари аввалааш ба хонаи президент, ки рафтуо дошт, омада ҳамаи сиру асрори Қосимов бо тахаллуси «Кичкинтой»-ро бо миқдори маблағҳои ҷамъкардааш, бо тамоми сирру асрори оилаи Қосимовро ва дар вактҳои охир орзуи оянда президент доштанашро нақл карда додааст.

Баъд аз шунидани нақлҳои якчандсоатаи ҳамсари Қосимов, ҳуш аз сари пешво паридааст, махсусан орзуи президентӣ. Ба ҳама маълум, ки ин орзу ҳатто ба ҳеҷ шаҳрванд мумкин нест. Ана ҳамин ҳолатҳоро дида истода, президент ба роҳбари ин мақоми навтаъсиси Агентии зиддифасод Шерхон Салимов супориши махфӣ ва қатъӣ дода аст ки Қосимов ва Алимардоновро парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд.

Қосимов Қосим Роҳбарович бо Прокурори генералии он замони Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов ва раиси КДАМ Хайриддин Абдураҳимов муносибати хуб дошт. Онҳо мумкин аст бо ҳар баҳона то охир иҷро намекарданд. Лекин вақт нишон медиҳад, ки пешво назар ба дигарон дар мавриди Шерхон Салимов зиёдтар иштибоҳ карда будааст.

«Хулосаи гап дар он аст ки Шерхон Салимов, ба маълумоти дақиқи мо ба воситаи як бизнесмен, ки дар оянда номашро менависем, аз Қосимов Қосим зиёда аз панҷ миллион долларашро гирифта аст, ва аз Муродалӣ Алимардонов низ зиёдтар аз панҷ миллион долларашро гирифта, бо ҳар баҳонаҳо, гуйё факту рақамҳо кофӣ нестанд барои оғози парванда, даҳҳо кушторҳои фармоишӣ, садҳо ҷиноятҳои махсусан вазнин ин факту далел набудааст. Боз дар пеш интихоботи президентии соли 2006 мебошаду бояд тинҷу ором бигзарад. Барои он ки аз пушти ҳардуи ин нафарон халқи зиёд истодаанд, ба чашми пешвои худ хок пошида, се- чор устоди донишгоҳҳо,панҷ- шаш нафар кормандони тиббу якчанд нафар кормандони кумитаи заминҳои ноҳияҳо ва боз якчанд судяҳоро бо ришвахуриву порагирӣ дастгир намуда, як соҳибкори исфарагиро, ки бо номи Низомхон Ҷӯраев мебошад ва доимо дар хизмати хешу табори оила камар баста, фикр мекард, ки қудоҳову бародари президент дастгириаш менамоянд бо 33 нафар кормандону хешу табораш парвандаи пур аз дурӯғу тӯҳмат сохта, пешворо якчанд соли дигар бо ҳамин тариқа корҳои тамоман нолозим тавонистааст сарашро гаранг намояд.»

Бо як тӯҳмат сари прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохоновро низ хурд, ки гуё писараш Файзулло Бобохонов фасодзада аст ва дар охир ҷояшро соҳиб шуд. Зиёда аз ин сиру асрор, ҳасрату армонхояшро, ки байни ӯву пешвояш шудааст, солҳои охир ҳамчун ёддоштҳо, Шерхон Салимов ба Хушакову Пиров ва дигарон бо алам нақл мекунад. Дар навбати худ Хушаков бо Пиров низ рафиқон доранд ки нақл мекунанд. Дар урфият мегуянд, ки «Кабк аз даҳони худаш тир мехӯрад». Умуман армону ҳасрату аламҳои Шерхон Салимов бо як -ду мақола тамомшавӣ надорад, лекин мо ҳатман ҷиноятҳояшро ҳам бо якҷоягӣ дар оянда менависем. Даҳҳо ҳавливу даҳҳо квартира, якчанд миллионҳои худро дар дасти соҳибкорон чарх медиҳад бо ному насаби онҳо, ба кадом ширкатҳои сохтумони маблағҳои худро ҳамчун инвеститсия дода онҳоро аз мақомотҳои қудратӣ зери ҳимояи худ гирифтааст. Ба Юсуф Раҳмонови қудо прокурор ками дигар лозим аст, ба мисли имрӯзаи Шерхон Салимов пулу мол ҷамъ намояд. Агарчӣ Юсуф Раҳмон ҳоло пас аз қудо шуданаш имтиёзҳои бештареро соҳиб шуда асту даврон дорад.

Шерхон Салимов яке аз собиқ мансабдорони ҳукумати имрӯза мебошад, ки мисли ӯ ҳоло хеле бисёранд ва ба ҳар яки онҳо садҳо варақ маълумот аз наздикону дӯстонашон, аз кормандони ба миллату ватан содиқи мақомотҳои қудратӣ ба «Ислоҳ»  меоянд.

Поёни қисмати дувоздаҳуми ин силсила матолиби мо дар ин маврид, идома дорад….

Ps: Албатта “Ислоҳ” дар ҳар матлаби роҷеъ ба ин ҷинояткорони дар бадани ҳукумати “пешво” таҳқиқоти мӯшикофонаи худро идома хоҳад дод. Бовар кунед дар мавриди ҳар як нафари ин афроде номҳояшон зикр шуда даҳҳо сафҳа маълумот омадааст ва танҳо бояд ҳамаи онҳоро ҷо ба ҷо гузорӣ ва як таҳқиқ намудану нашр кардан аст. Аллоҳ муваффақамон кунад, то чеҳраҳои ин ҷинояткоронро барои миллат ва мардум бо шакли бояду шояд тақдим намоем.

Сообщение Э.Раҳмонов барои чӣ  фармони “бе зарар” гардонии М.Алимардонов ва Қ.Қосимовро дод? появились сначала на ISLOH.net.

Раддия ба зиёиён «Аз Шералӣ Кабиров «Мао Цзэдун» насозед!»
(раддияи дуввум)

Зиёиёни муҳтарами тоҷик!

Мақолаи шумоёнро бо диққат хонда ба хулосае омадам, ки шумоён, як гурӯҳ аҳли илму дониш ва намояндагони фарҳанги тоҷик мехоҳед боз як пешвои дигар бо номи «пешвои иқтисодӣ»  мисли Мао Цзэдун ё “Mao Tse-Tung;”, ки ҳокими низомии Чин Ҷёнк Кой Шикро бо роҳи инқилоб шикаст дода буд ва худаш ҳоким гашт. Бингаред ба китоби “ПУТИ ПОДНЕБЕСНОЙ” ,то бештар огоҳ гардед. Шумо мехоҳед ба сари ин халқи сарсахту ғулом пешниҳод ё ин ки чунин ақидаро таҳмил намоед?.Ба худо айб аст, ки кур- курона, надидаву насанҷида як нафарро ин қадар баҳогузорӣ намоем.

Албатта, аввал нафар бояд сари ягон мансабу вазифа як муддати муайян кор кунад, баъдан таърих ва халқ баҳои худро нисбати ӯ мегузорад. Президентҳоро пас аз анҷоми муҳлати якуми худ баъд аз 4 ё 5 соли сари давлат буданашон халқ баҳо дода даъвати дуюми муҳлатро бовар мекунад ё ин ки бовар намекунанд. Ман дар назар дорам давлатҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҳар як овози мардум қадру қиммат доштаро, на он давлатҳои ба мисли мо диктатуриву ғайридемократиро. Дар Тоҷикистон ҳоло вақте расидааст,ки баъд аз 30 соли ҳукмронии Раҳмонов, нисбати фаъолияти ӯ ва ҳукумати сохтаи ӯ, ҳар як нафари синнаш аз 18 боло баҳодиҳӣ карда метавонад. Охири соли 1992 зиёде аз мову шумо бо як орзу, бо як боварӣ, бо як хурсандӣ ба қасамҳову ба суханҳои додааш ба халқ , мардуми соддафаҳми мо ба  Раҳмонов бовар карда ӯро ҳар кас бо роҳи худ дастгирӣ намудем. Ҳамаи он қасамҳояш, ки бо шири модару бо Қуръони карим хурда буд, ки ман ғайр аз як акаи тракторист касе надораму даъвои вазифаталошӣ хам надорам, фақат ваъдаи сулҳ оварданро мекард, агар каме назар ба таърих афканем диламон на фақат аз Раҳмонов, балки аз ҳамаи сиёсатмадорону тарафдоронаш сард мешавад. Ҳазорҳо нафар мардуми Тоҷикистон бо ҳар баҳона кушта шуд ва то ҳозир давом дорад. Ҳазорҳо- ҳазор нафар то ҳозир дар зиндонҳо бо парвандаҳои бофтаву сохта, беҳуқуқӣ дар ватани худ, миллионҳо нафар одамон дар муҳоҷирати меҳнатии маҷбурӣ, ҳазорҳо нафар бе ному нишон дар ҷангалҳои Русия куштаву гум шуда, ягон заводу фабрикаҳои аз даврони шуравӣ монда кор намекунад, нархҳои махсулоти хурокворӣ ва сузишворӣ рӯз аз рӯз ба боло рафта истода, коррупсия то охирон мактабу боғчаҳои бачагонаи деҳоти дурдаст фаро гирифтааст, дар ягон соҳа бепуштибону бепул гапатро ҳеҷ кас гуш намекарда, тамоми бизнесҳову ҷойҳои

сердаромади мамлакатро як авлод, як оила забт карда гирифта ва ғайраву ғайраҳо, магар мо бо шумоён ҳамин тавр давлат сохтанӣ будем? Магар мову шумо барои ҳамин ба Раҳмонов овоз дода будем? Баъд аз 5-6 соли роҳбариаш Рахмонов, баъд аз нафарони асосие, ки ӯро ба қудрат оварданд бо ҳар роҳу ҳила аз байн бурда, оҳиста-оҳиста ба вазифаҳои калидии ҳукумат хешу табор ва ҳамдеҳагони худро аз Данғараву, Колхозобод аз Бохтару Фархор, ба гуфтаи худашон мардуми Балҷувонро кашида ба Душанбе ҷамь намуд. Қариб ки 50-60% онҳо бидуни дипломи мактаби олӣ ё ки тамоман аз ихтисоси худ дур буданд, фарқе набуд барои Раҳмонов. Асосаш ба ӯ содиқ бошанд. Ба зиёиён гуфтаниам, ки дар  Тоҷикистони Раҳмонов сохта  барои соҳиби мансаб шудан 5-10% дониш доштан кифоя аст. Онҷо аз рангу рӯйи одами боақлу бохирад, донишманду сухандон безоранд ва 80-90% наздикӣ ба Оила ё ин ки ба хешу табори онҳо муносибат доштан аст. Дар Тоҷикистон ба ҳамаи кор, сиёсатмадор, ҳуқуқшинос, академики тамоми илмҳо, табиби тамоми дардҳо, гинекологи хуб, мулло, шоир, артист, шеъру сурудфаҳм, раққос, инжинер, ошпазу нонпаз ва ғайра фақат як одами «худодод» аст бо номи Раҳмонов Эмомалӣ. Дигар Тоҷикистон ниёз ба касе надорад. Дар ана ҳамин солҳои бедодгарӣ дар гирди ин оила бисёр нафарони «случайный» пайдо шуданд, ки яке аз онҳо Кабиров Шералӣ мебошад. Бек Сабуров ҳам вазир аст, бояд фаромӯш накунем, агар қудо бо пешво набошад, ӯро ба «пивнушка» роҳ намедиҳанд. Ӯ ҳам “доктор наук” асту дар Москва рисолаи худро гуё ҳимоя кардааст.

Мисолҳо як чанд китобанд, лекин аз мавзуи асосӣ дур намешавем. Нисбати Кабиров Шералӣ, ки мо ӯро бо ҳамин ном мешиносем, ба маълумоти муҳтарам зиёиён расониданиам, ки ӯ дипломи институти кооперативиро ғоибона, баъд аз таъин гардидан ба вазифаи роҳбари «Талко» гирифтааст. Имрӯз ҳама дар дасти худашон аст. Ӯ метавонад дипломе нишон диҳад, ки соли 1980 МГУ-и Москваро тамом кардааст, ҳол он ки соли 1972 ба дунё омадааст, ё ин ки мисли ҳимояи мавзуъи докториаш, ки ин мавзуъро олимони рус таи даҳсолаҳо сараш кор мекарданд, лекин олими бузурги тоҷик дар як моҳ навишта ҳимоя кардааст, шумо як маротиба пурсед, на танҳо маънии мавзуи гуё ҳимоя кардаашро, балки бовар дорам, номи мавзуьро дуруст ва бо пуррагӣ гуфта наметавонад.

«Эмомалӣ Раҳмонов «пешво»и миллат худаш ҳам гуё донишгоҳи миллиро ғоибона хонда диплом гирифтааст, ки ҳамин ҳам зери савол мебошад.»

Шералӣ дар гирди Ҳасан Асадуллозода пайдо шуд ва баъд мардум фаҳмид, ки ҳамин тавр ҷавон ҳам вуҷуд дорад.То он вақт ҳеҷ кас номи ӯро нашунида буд. Шералӣ агар дар зиндагӣ соҳиби як куртаи нав шуда бошад, ё чи муваффақият ва шуҳрат пайдо карда бошад, ҳама аз ҳисоби Ҳасан Асадуллозода аст. Ҳама мардуми хурду калони Тоҷикистон медонад, ки Шералӣ кӣ аст. Ҳасан Асадуллозода дар тамоми гуфтугузорҳои тиҷоратӣ бо хориҷиён, вохуриҳо бо раисону вазирон, қариб, ки дар тамоми сафарҳои пешво ва дигар корҳои шахсии худ ҳамчун ёрдамчӣ Шералиро мебурд ва бовар мекард. Мардум ин ҳолатро дида зиёде корҳои худро ба воситаи Шералӣ ба Ҳасану дигар раисон ҳал менамуданд. Ҳамин тавр Ҳасан, ки худ як одами тамоман бесавод ва маишатпараст мебошад ба Шералӣ пурра бовар намуда, каме барвақт худро Ҷаноби Оли-2 тасаввур кард. Дар охир албатта шаттаи сахт ҳам хурд, сахт пушаймон ҳам ҳаст. Аммо як вақти муайян фоида надорад ва ҳеҷ кор ҳам карда наметавонад. Ҳасан Шералиро ворид ба Оила сохт ва бо Раҳмонов аз наздик шинос намуд. Ҳасан мисли худ як одами кучагӣ ва бемаълумотро бо диплому унвонҳои фальшивый то вазири саноати Тоҷикистон оварда расонид. Ин болоравиҳо дар карера ва олими бузург шудан ин фақат ва фақат хизмати Ҳасан Асадуллозода аст, ки ӯ имрӯз худро ҳамчун «асосгузори иқтисодиети Тоҷикистон» номидааст. Ҳатман ин мақоларо худи Кабиров Шералӣ ба 3-4 нафар ба ном «зиёиён» пул дода навиштааст ва онро мақсаднок ба “Ислоҳ” ирсол намудаанд. Дар давоми чопи як чанд мақаола аз рӯзи таваллуди Шералӣ Кабиров то имрӯза ҳаёт ва фаъолияти ӯро, мисли оина ба шумоён пешкаш менамоем. Зарар ва фоидаи ӯро ба чамъият, чи тавр донишмандӣ ва ободкории ӯро, ҷиноятҳои махсусан калони ӯро, ки 80% аъзои оилаи Раҳмонов ин қадар ҷиноятҳои иқтисодӣ содир накардаанд, нақл менамоем.

«Ҳасан Асадуллозода умуман мехост ӯро сарвазир ё ақаллан муовини аввали сарвазир монад, лекин Раҳмонов президенти солхои 1995-1996 нест. Сарвазир хатман бояд «кукла» ё “Арусак” аз вилояти Суғд бошад, боз дар оила машварат карда ба хулосае омаданд, ки Давлаталӣ Саидов хешутабори наздиктар аст, бояд ӯро таъин намуд.Боз ӯ бояд аз Суғд бошад.»

Хиёни бузрги Шералӣ Кабиров ба Ҳасан Асадуллозода

Ҳасан Асадуллозода , бо як зораву нола, бо дастгирии апааш Азизамоҳ Шералиро вазири саноат монд  ва аз байн дере нагузашта Шералӣ тамоми сирру асрори Ҳасан Асадуллозодаро  ба пешвову Рустам нақл намуда аз онҳо хост, ки ӯро аз «мустамликаи Ҳасан» халос намоянд. Тамоми муомилоти пинҳоние,ки Ҳасан Асадуллозода аз оила пинҳон тавассути Шералӣ Кабиров анҷом дода буд ҳамаро як ба як барои наздик шудан ба «пешво» барояш гуфт,то садоқаташро ошкор созад. Баъдан гуё бо супориши пешво ва аъзоёни Оила бо пуррагӣ аз Ҳасан Асадуллозода руй гардонид, дигар ба телефонҳояш ҷавоб намедихад, дар ягон маърака агар рӯ ба руй шавад ғайрат мекунад салом накунад ё ин ки сари як миз бо ӯ нанишинад. Ҳатто гапҳо баромад дар кругҳои дохил оилавии «пешво», ки гӯйё Ҳасан як инсони хело касиф ва мубталои бемориҳои хатарнок ҳам ҳаст. Ҳатто муоиноти тиббиро ҳам ба хонавода тақдим намуда аст. Аз ин ҷо буд, ки модари Муҳиддин апаи Зоир Соҳибов Ҳасанро фоҳиша гуфта ва иқрор намуда аст, ки Ҳасан ӯро ба беморӣ гирифтор намудааст. Ин сару садоҳо дар кругҳо давр мезанад, ки асосашро Шералӣ Кабиров медонанд, ки бо санад докозат карда будааст. (тафсилоти ин ҳодисаро дар раддияи дигар интизор бошед)

Албатта Раҳмонов бисёр актёри калон аст!!  Миссияи Ҳасан Асадуллозода ҳам ба фикрам аллакай ба охир расид. Барои он ки нафақат фарзандони Раҳмонов калону гуё боақл шуданд, балки набераҳо низ аз Бобо алакай вазифа талаб доранд. Барои норозӣ нанамудани Азизмо тавассути Шералӣ Кабиров ин ходҳоро омода намуда бошад. Вой бар ҳоли мардуми тоҷик!!!

«Зиёиён навиштаанд, ки гуё соҳибмулки пештараи “Ориёнбонк”  ба душвориҳо дучор шуда бонкро ба фурӯш мондааст. «Ориенбонк» ин собиқ «Промстройбанк»- и СССР ва баъдан  Тоҷикистон буда, даҳсолаҳо роҳбарии ин банкро марҳум Абдусатторов Абдумуталиб ном одам роҳбарӣ менамуд, ва дар охирҳои соли 1998-1999 Ғаффор Идиев ном соҳибкор, бо ёрӣ ва дастгири командир Суҳроб Қосимов, роҳбари бонк Абдусатторовро аз  кабинети кориаш бо яроқу аслиҳа зада, зери фишор аризаашро гирифтанду Ғаффор Идиевро сардори бонк таъин намуданд. Абдусатторов зуд аз Душанбе кучи худро баста ба вилояти Суғд рафт. Ҳамин тавр тахминан ду сол роҳбарии Ориёнбонкро Ғаффор Идиев дар душ дошт, ки аз тарафи Ҳасан Асадуллозод, ки нав аз Колхозобод ба ҳайси раиси биржа омада буд, фишори забт карда гирифтан шуруъ шуд, ҳатман бо супориш ва дастури худи пешво.»

Ғаффор Идиев ҳам ба хубӣ намехост бонке, ки мисли як филми Голливуд забт карда гирифта буд ба осонӣ аз даст бидиҳад. Лекин дар пушти Ҳасан Асадуллозода  тамоми аппарати давлат истода буд. Дере нагузашта Идиев Ғаффорро мисли модаҳои ҳозира, «финансирование боевиков Раҳмон «Гитлер»» гуфта прокурори ҳарбии онвақта Шариф Қурбон, як фасодзадаи дигар ӯро ба ҳабс гирифт ва ба муддати 6 сол аз озодӣ маҳрум сохтанд. Дар ин вақт Шералӣ Кабиров фақат ронандаи шахсии Ҳасан Асадуллозода буду тамом.

Ҳасан Асадуллозода дар як мошини жигули 2107, рақами давлатиаш 00-77 ХТА. Дигар ягон рол бозӣ намекард. Баръакс барои ғасб намудани Ориёнбонк «ёрӣ ва меҳнат»-и Идиев Ҳусейн зиёд расидааст, ки ӯ ҳамаи хабарҳоро аз назди писар амакаш Ғаффор Идиев меоварду бо пуррагӣ дар хизмати Ҳасан  Асадуллоев буд.  Ҳусайн Идиев подоши хидматҳои кардааш ба Ҳасан Асадуллозодаро то ҷое пас  гирифт. Мо бояд душманро дар дур накобем, душман доимо ҳамроҳамон аст. Гоҳо худамон бо баъзе амалкардҳоямон душманӣ бар худ мекунем, ҳоло куҷо расад ба душмании нафарони заздикамон.

«Ин қисса хеле дароз аст ва мумкин аст онҳое дар мавриди Идиев Ҳусейн ба “Ислоҳ” менависанд дақиқан ин масаларо каме муфассалтар нависанд, то ин ҳолат ҳам ошкор гардад. Аммо агар онҳо нанавиштанд, мо омодаем ончи ба ин масала марбут аст ба “Ислоҳ” нависем.»

Саҳмиядори асосӣ Идиев Ғаффор буд. Бо як фиребу бо як фишор ба сари Ғаффор Идиев рафта, дар дохили зиндон ба ивази озодиаш аз зиндон ва маҳкам кардани парвандаи сохтаи Шариф Қурбон, саҳмияҳои бонкро имзо кунонида ба фоидаи Ҳасан Асадуллозода гирифтанд. Баъд аз он Ҳасан Асадуллоев ғасби яке аз бонкҳои калони Тоҷикистонро ба охир расонида раиси саҳмиядорони Ориёнбонк шуд. Ориёнбонк аввалин ғасби моликияти дигарон бо роҳҳои фишор, парвандаи сохта буд. Баъд аз ин садҳо корхонаву иншоот ва бизнесҳо аз тарафи Ҳасан Асадуллозода ғасб карда шуда, садҳо одамонро бе гуноҳ зиндон ё ин ки аз мамлакат берун карданд. Яъне пас аз захвати “Ориёнбонк” диданд мешудааст ва ҳеҷ кас чизе ҳам намегуфтааст. Чуноне оғози ба ҳукм расидани Эмомалӣ Раҳмонов ин сессияи 16 ум дар Хуҷанд аст. Оғози ғасбҳои рейдерӣ дар Тоҷикистон тавассути оилаи Раҳмонов ин “Ориёнбонк” аст.

Шералӣ Кабиров аз махинация муҳрабизнез 32 миллион доллар ба Ҳасан дод

Мо як ҳолати воқеиро бароятон мегӯем, ки онро аксари мардуми кишвар хуб медонанд. Агар ёдатон бошад «муҳрабизнес» баромада буд. «Ҷамол Компания» ва Ҷамшед Сиёев як ҷавони Дарвозӣ роҳбари ин ширкати махинация буд. Шералӣ Кабиров сармуҳосиби ин ширкат ва дасти рости Ҷамшед Сиёев буд. Ҳама он пулҳое аз мардум ин ширкат ҷамоварӣ карда буд як моҳ пеш аз бастани ширкати «Ҷамол Компания» Шералӣ Кабиров худро бо Ҳасан наздик мекунад ва роҳи ҳама пулҳои ҷамъовардаи ин ширкатро  ба Ҳасан Асадуллоев  мефаҳмонад. Ҳама роҳро дуруст мекунанд ва Шералӣ Кабиров аз он ширкат берун мешавад ва пас аз пурра ба даст гирифтани маблағҳо аз ин ширкат. Шералӣ Кабиров барои чандин миллион доллар овардан ба Ҳасан Асадуллозода ба командаи ӯ мегузарад.

«56 ҳазор нафаре, ки баробар ба 117 миллион сомонӣ (ба ҳисоби онвақта қариб 40 миллион доллар) буд, ба кисаи Ҳасан Асадуллозода 32 млнашро ба «Ориёнбонк» гузаронид.»

Хуб бо мардуми пул дода чӣ шуд, Ҷамшед Сиёев чӣ шуд дигараш ба ҳама маълум аст ва ҳоҷат ба шарҳу тафсилоти бештар нест. Аммо ҳамин қадар мегӯем Ҷамшед Сиёеро соли 2003 ба 11 сол ҳукм ба зиндон карданд ва боз бо дахолати Шералӣ Кабиров ва Ҳасан Асадуллозода ба Ҷамшед Сиёев 19 соли дигар ҳукм содир намуданд. Яъне 30 сол ҳукм ба зиндони низомаш пурзур ба он хотир,ки  дигар набарояд ва зиндагонии моро талх накунад. Ахиран дар 27 уми октябри соли 2015 дар зиндони  “Кирпичний” дар шаҳри Ваҳдат «безарар» гардонида шуд, яъне куштанд ӯро. (Дар дасти «Ислоҳ» аз прокуратураи генералӣ тафсилоти ин қазия бо санадҳои муҳри махфӣ вуҷуд доранд,ки исми Шералӣ Кабиров дар чанд дело вуҷуд дорад.Агарчи ин ширкат ҳамагӣ  панҷ моҳ фаъолият намудааст яз моҳи март то августи соли 2003 тафсилоти бештари ин қазияро дар раддияи дигар интизор бошед)

Олимони муҳтарам ин аст ҳақиқати аслии чи тавр соҳиби бонк гаштани Ҳасан Асадуллозода, чуноне, ки фаҳмидед, ягон заррае ҳиссаи Шералӣ дар инҷо нест. Ин ҳама корҳо бо сардорӣ ва роҳбарии бевосита ва роҳнамудоти сӯдманди пешво  барои оила сурат мегирад. Ҳасан нав аз қишлоқ ба шаҳр омада буд. Ӯ қудрат надошт бо як милитсионери одӣ гап занад, на он ки ба Суҳроб Қосимов рӯ ба рӯ шавад.

«Оиди корхонаҳои номбар карда шуда «Ориёнбонк», «Сомон-Эйр», «Талко», «Талко Голд», «Талко кабел», «Талко Ресурс», «Талко Кемикал», «Талко Флюорит», «Сомон Суғд», «Сомон-Сохтумон», «Сомон-Суғурта», «Сомон –Лизинг”, мо як ба як ба шумоён маълумот пешкаш менамоем  ва исбот менамоем бо рақамҳо, ки кадом корхонае, ки Шералӣ Кабиров бевосита ба сохтумонаш ҳисса дошта бошад, ҳатман қимати аслии ин корхона аз 5 то 10 маротиба баланд нишон дода шудааст.»

Оиди доно ва забондонии Шералӣ Кабиров фақат кутоҳакак ҳамин қадар мегуем, ки ғайр аз забони тоҷикӣ дигар ҳамаи забонҳоро Шералӣ «озодона» бо «Google translate» гап мезанад. Мо Шералиро аз ҳамшаҳриҳояш беҳтару хубтар мешиносему бо ӯ муомилаҳо ҳам дорем, то ба имрӯз.

Ҳамин забонро ҳам вақти маслиҳати «откат» мешавад бе шоҳид, бе тарҷумон, танҳо ба танҳо бо шарикони бизнесии хориҷӣ гап мезанад. Ба ҳамаи гуфтаҳо шоҳид дорем. Агар шумо хохед, ки забондонии Шералиро исбот намоед, марҳамат бо яке аз ин забонҳо, ҳамчун вазир як мусоҳибаи озод ташкил намоянд, мо албатта хурсанд мешавем.

Аз рӯйи мактуби навиштаи зиёиён маълум мешавад, ки зиёда аз 20 сол дар Тоҷикистон ғайр аз Шералӣ дигар ягон нафар аз сарвазиру муовинонаш, вазирону раисони кумитаҳо, раисони вилояту шаҳрҳо ҳама бекор, фақат хурда хоб, бо ду чашм интизор, ки кай Шералӣ Кабиров омада, шаҳру вилоят, ё ин ки корхонаҳои моро обод карда медиҳанд, ё ин ки кай як корхонаи нав сохта медиҳанд?! Биёед пеш аз ҳарф задан аз ободкориву созандагии Шералӣ Кабиров як чизро муайян созем. Кабиров Шералӣ вазифаашон аз чи иборат аст ва маблағҳои масраф мекардаашон аз они кист? Шералӣ як мудири (менеджер) корхона, ки аз ҳисоби маош ва ё ягон бонусҳои иловагӣ зиндагӣ мекунанд. Ин кас соҳибмулки Талко набошанд, ё ин ки ақалан вазири молия набошанд, ки ба ягон лоиҳа маблағ чудо кунанд. Ҳар як коре, ки Шералӣ ба сохтумон ё ободкориаш даст задааст, бюджети давлат ё пулҳои Талко масрафаш даҳҳо маротиба баланд шудааст. Ба ҳар яке аз ин сохтумонҳо маълумоти аниқ ҷамь намудаем, албатта, як ба як бо далел онҳоро пешкаш менамоем. Худоро шукр мекунем, ки мисли Шералӣ «олими иқтисодӣ» дар ин ҳукумат фақат якто, агар ду ё се нафар мебуданд бюджети Тоҷикистон масрафи онҳоро намебардошт.

«Дар вазорати саноат ташкил намудани «центр интелектуалный собственность» тамоман ба Шералӣ дахл надорад. Мо боварӣ дорем, ки Шералӣ тамоман ин мавзуъро намефаҳмад. Ин мавзуъи як ҷавоне, ки беҳтарин мактабҳои олии Амрикоро хатм  карда омада ин программаҳоро дар Тоҷикистон ташкил намуда истодааст.»

Шералӣ Кабиров  гуё доктори илм ва олими ҷавон ҳасту яке аз мавзуъи хеле муҳимеро гуё бо сари баланд навишта ҳимоя кардааст. Дар Шӯрои диссертатсионӣ дар мавзӯи “Ташаккул ва рушди муҳити соҳибкории корпоративии корхонаи воҳид: назария ва методологияи идоракунии зиддибӯҳронӣ (дар мисоли КВД «Талко»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон) рисолаи докториро дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 19 марти соли 2012 дифоь кардааст.”  Боварии комил дорам, ки Шералӣ Кабиров  номи мавзуъи худро гуфта наметавонад  ва тамоман як варақ худаш нанавишта аст.

Нисбати рисолаи доктории Шералӣ Кабиров, Давлаталӣ Саидов ва Асадулло Раҳмонов дар маҷаллаи «дисернет» ва «Компромат.ру» хеле хуб гуфта шудааст, ки аз куҷо ин рисолаҳоро руйбардор ё дуздӣ ё ин ки «плагиати асарҳои илмӣ» карда шудааст. То ҳатто Раҳмонов дар як вохурӣ бо «олимони ҷавони нав ҳимоят карда» баъди ҷангҷолҳои ин ҷамоат чунон гуфт. Ин ҷамоат 32 донишманди тоҷикро ба асардуздӣ маҳкум кард.  Ахиран Эмомалӣ Раҳмон зимни муроҷиат ба “олимон”-и муттаҳам ба асардуздӣ гуфт: “Агар мустақилона рисолаҳои худро нанависед, чӣ гуна академик, профессор ва номзади илм шудед? Шумо нанги ин миллату давлат ҳастед!». Ана хамин тавр доктори илм шудааст Шералӣ Кабиров. Нисбати фаъолияти заводи калонтарини алюминии тоҷик таҳлилҳои чуқур ва далелҳои раднашавандае дорем, ки ӯ саҳифаи зиёдеро мегирад. Кутоҳӣ гап ҳамин, ки беҳтарин, бузургтарин корхонае, ки зиёда аз 20.000коргар дошту бо пуррагӣ шаҳри Турсунзодаро бо тамоми мактабҳову боғчаҳои бачагона ва спортзалҳову хонаҳои маърифатиро дар баланси худ нигоҳ дошта, масрафҳояшро медод ва зиёда аз 500.000 ҳазор тонна истеҳсоли алюминий дошт, маҳз Шералишо Кабиров пурра онро ба нестӣ расонид.

Суғдро Ҳасан Асадуллозода тавассути «Сомон Суғд»у Шералӣ Кабир захват кард

Дар мактуб гуфта мешавад, ки гуё Шералӣ Кабиров дар вилояти Суғд як ширкати бо номи «Сомон-Суғд» ташкил намуда, корхонаҳои пурра аз кор мондаро ба баланси Сомон-Суғд гирифта ба кор дароварда бошад. Нисбати ҳар як корхонаи бо роҳҳои шантаж,фишор ва қаллобӣ ба даст даровардаи Ҳасан Асадуллозода ва Шералӣ Кабиров маълумоти мухтасар пешниҳод менамоем. Фақат ҳаминро фаромӯш набояд кард, ки мардуми вилояти Суғд беҳтарин олимон, мутахассисон,инжинерҳову роҳбарон доранду ба дастгириву роҳнишондиҳии Шералӣ Кабиров барин мутахассисони фальшивый ниёз надоранд. Он корхонаҳое, ки дар вилояти Суғд гасб намуд, ҳама 100% фаъолият дошт, ҳазорҳо нафар кор мекарданд, миллионхо сомонӣ андоз месупориданд, то ба дасти «Сомон- Суғд» гузаштан, баъд аз он 70% корхонаҳоро, баъд аз тамом шудани ашёи хом ва натавонистани фурӯши маҳсулоти тайёр ба оҳанпора бурда фурӯхтанд, заминхояшро ба мардум ҳамчун ҳавлиҷой тақсим карда фурӯхтанд ва то ҳозир фурӯхта истодаанд. Боварӣ дорем аз ҳамаи ин ҳолатҳо пешво хабар дорад, сиёсаташ ҳамин аст, ки мардум бояд пулдор нашаванд. Масалан беҳтарин соҳибкорони вилоят, ки бе ёрии маблағҳои бонку бе ёрии давлат, бо кушишу дониши худ, бо ёрии дустону рафиқони худ даҳҳо корхонаҳоро обод карда буданд ба мисли ширкати » Нур» терминали аэропорт- Нурулло Усмонов, бозори «Панҷшанбе»- Абдураҳим Исмоилов, соҳибмулки як қатор заводҳои Исфара, ки зиёда аз 3000 нафар коргар дошт Низомхон Ҷураев, ки ҳар се ҳам вакилони якчанд маротибаи маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ буданд. Бо шантаж, фишор, бо парвандаҳои сохта ҳамаро ғасб карда гирифтанд. Аммо ҳоло 90% аз ин корхонаҳо дар ҳолати нестшавӣ қарор доранду ҳеҷ фоидае на худ диданд ва на мардум.

«Ҳамаи ин корҳо маҳз аз сусту беирода, тарсончаку беимон будани раисони вилояти Суғд далолат мекунад, ки лозунгашон «ҳамаро гиранду маро аз вазифа нагиранд» мебошад. Таърих баҳои ҳамаи онҳоро медиҳад. Масалан аз ҳама муддати кам раиси вилоят Ҳомидов Абдуҷалил кор карда дар зиндон мурда бошад ҳам, номи ӯро албатта мардум ба хубӣ ёд мекунанд, назар ба Қосим Қосимову Қоҳир Расулзодаву Абдураҳмон Қодириву   Раҷаббой Аҳмадзода. Ин се нафар фақат сандуқи худ ва сандуқи оилаи Раҳмоновро аз ҳисоби фурӯши вилоят пур карданд ва давом дода истодаанд.»

Шералӣ Кабиров бо ягон инвестори хориҷӣ корро то охир хуб ба роҳ намондааст, оқибати кор бо ҳамаи инвесторҳои хориҷӣ бо ҷангҷолу судбозиҳо ба охир расидааст. Дар ёд оред, ҳафтаҳо телевизионҳои тоҷик нишон медоданд, ки инвесторон аз Русияву Хитой, аз Эрону Швейтсария омада гуфтугугузорҳо мекарданду мехостанд миллиардҳо сармоягузорӣ намоянд, вале зиёде аз онҳо корро ҳам шуруъ карда буданд, ва бо сабабҳои номаьлум оҳиста — оҳиста хомӯш шуда бе ному нишон шуда мерафтанд, сабабгори ҳамаи ин гурехтанҳои инвесторҳо маҳз талаби «откат»-ҳо аз онҳост, ки як қисми қарордодҳои онҳо дар назди роҳбарони ду давлат имзо шуда буд ва онҳо намехостанд, ки аз як тараф сармоягузорӣ мекунанд аз тарафи дигар даҳҳо миллион доллар  «откат» медиҳанд. Барои ҳамаи ин инвестороне, ки нияти дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардан доштанду бо ҳар хел сабабҳо сармоягузорӣ накарданд.Мо, албатта бо қадри имкон маълумоти воқеии дақиқ пешниҳод менамоем. Маълумоте, ки мо дар даст дорем  ва рӯйи  коғаз меорем, ҳама бевосита аз мутасаддиёни ин проектҳо, кормандони «Талко», ва шахсони маълумоти мухтасар нисбати ин ҳолатҳо дошта мебошад. Дар охири ин раддияи худамон инро мегӯем,ки агар шумо нашр намоед, ҳатман муфассал ҳамаро як ба як бо далел тақдиматон менамоем, то мардум “асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон”-ро хубтар шиносанд.

Поёни раддияи дуввум ба матлаби “ Шералӣ Кабир- асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон”

Ps : “Ислоҳ” ҳамеша омодааст матолиби муҳим ва мақолаҳои илмӣ ва пажуҳишию тадқиқотиро нашр намояд. Мо кушиш мекунем навиштаҳои шуморо дар мадди аввал гузорему бе даранг онҳоро нашр намоем.

Сообщение Раддия ба зиёиён «Аз Шералӣ Кабиров «Мао Цзэдун» насозед!» появились сначала на ISLOH.net.