Архивы Қосимов Қосим Раҳбарович - ISLOH.net

Идиев.Ҳ : Тоҷикматлуботро 100 сола не 30 сола гӯед, фармони Озода аст, “пешво”-ро қаҳр мекунад!
(бахши шашум)

Ин матлаб идомаи силсиламатолиби «Ислоҳ.нет» дар робита ба «Тоҷиксодиротбонк», Тоҷиддин Пиров ва муовини вай Қурбон Хушаков ва ҳамчунин Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ва додарарӯси Эмомалӣ Раҳмонов аст.  Қаҳрамони ин вижаматлаб Идиев Ҳусейн, раиси «Тоҷикматлубот»-и Тоҷикистон аст. Беҳтараш бихонеду огоҳ бишавед, ки дар кишвари мо чи гуна ҳукуматдорӣ карда истодаанд.

«Чанд рӯз пештар як гурӯҳи 40-50 нафарӣ бо сардории як зодаи Тоҷикистон, ҳоло яке аз сарватмандони Русия Коган Валерий Михайлович аз Русия ҷиҳати иштирок дар ҷашни 100 солагии «Тоҷикматлубот»  ба Душанбе омаданд.»

Аксарияти онҳо дар Тоҷикистони даврони шуравӣ таваллуд шуда ва бештарашон то аввалҳои соли 90-ум дар ниҳодҳои «Тоҷикматлубот « кор кардаанд. Онҳо бо расму одатҳои тоҷикӣ то ҳозир эҳтиром доранд ва Тоҷикистонро ватани дуввуми худ мешуморанд. Баъзе аз онҳо дар хонаҳояшон бо тоҷикӣ суҳбат мекунанд. Албатта ин боиси ифтихор ва таҳсини мо-тоҷикҳо аст. Онҳо бо барномаҳои тартибдодаи худ омада, аввал дар Душанбе ва баъдан ба Хуҷанду Ҳисор ва Бохтар рафта бо собиқадорони «Тоҷикматлубот»-и давраи шуравӣ вохуриҳо ва ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд, ҳатто сари манзили баъзе аз онҳо рафта дуову фотиҳа карданд. Дар ҳақиқат як инсонигарӣ, як меҳру муҳаббати беҳамто аз тарафи ҳар яке  аз он меҳмонҳо ҳис карда мешуд. Аммо аз тарафи роҳбарияти «Тоҷикматлубот» махсусан роҳбари он Идиев Ҳусейн ягон ташаббус ё меҳмоннавозӣ дида нашуд, ғайр аз нолишу шикоят аз бепулӣ. Идиев Ҳусейн, ки худ аз ин соҳа нест, ба ӯ душвор аст ин хел одаму одамгариҳоро фаҳмидан. Вай ин кучаҳоро нагузаштааст, фикри вай фақат бо пул банд аст. Бубинед, ки меҳмонҳо як моҳ пеш аз омадан ба ҷашни 100-солагии  «Тоҷикматлубот», ҳамчун роҳбари ин идора ба вай таклифу дархостҳо пешниҳод ва даҳҳо маротиба такрор мекунанд, ки ҳамаи хароҷотҳояш аз тарафи мо, шумо фақат дар сатҳи ҳукумат гапзанон кунед. Ҷавоби ин бесаводи Идиев Ҳусейни як замон мошиншӯяки Ҳасан Асадуллоев ба онҳо ҳамин аст:

» агар мо ҷашни  «Тоҷикматлубот»-ро қайд карданӣ бошем, фақат дар он ҳолат, ки 30 -солагии ҷашни «Тоҷикматлубот» мегуем.

Онҳо мегуянд, ки тамоми мардум хуб медонад, ки «Тоҷикматлубот»  аз рӯзи аввали ташкилшавии Тоҷикистон вуҷуд дораду ҳазорҳо иншооташ  имрӯзҳо 70-80 сола шуданд, ин нодуруст аст, мо худамон 35-40 сол пештар дар ин соҳа кор  кардаем. Идиев Ҳусейн бошад дар як гап истодааст, ки ба ман супориши роҳбари дастгоҳ Озода Раҳмон аст ки дар Тоҷикистон ҷашну идҳое қайд карда мешавад, ки ҳатман пайвастагӣ ба фаъолияти кории Пешво дошта бошад. Яьне кору боре, ки дар давоми 30 сол шудааст. Дигар идҳоро ҳам қайд кардан ё ҷашн гирифтан мумкин, агар шумо гуед, ки ҳисаи Пешво дар он ниҳоят калон аст. Масалан агар бигуед, ки «Алюминий  завод»-и Регарро 30 сол пеш пешво сохта буд, ин ҷашн қабул карда мешавад ва иҷозати гузаронидани ҷашн дода мешавад, фарқ надорад, ки «Алюминий  завод» вақте сохта шуд пешво ҳоло худаш мустақилона пешоб карда наметавонист. Ана ҳамин тавр як  хушомадгуиҳои тамоман дар ақл  ҷой намегирифтаро  ёфта мебароранд.

Меҳмонҳо маҷбур шуданд ҳамчун як зодаи ҳамин кишвар, аз рӯйи программаи сохтаи худашон амал намоянду қафо баргарданд. Ба ҳар ҳол вақти рафтани онҳо Ҳасан Асадуллозода албатта бо иҷозати «боло» омада назди меҳмонҳо аз ҳисоби меҳмонҳо хурок хурда рафт. Ҳасан Асадуллозодаи шаст фарзанда вобастагии сахт ба Коган дорад. Самолётҳои «Сомон Эйр» ҳама бо ёрии ӯ харида ва иҷозати ба Русия парвозҳоро дода шудааст. Идиев Ҳусейн бошад мисли Табаки аз мултфилми «Маугли»пушт-пушти Коган Валерий Михайлович шароити гап заданро пайдо мекард ва дар охир шарм накарда барои гуё дастгирии соҳаи «Тоҷикматлубот» аз ӯ 4-5 миллион доллар кумак хостаст. Бо баҳонаи корҳо тамоман суст, супоришҳо аз боло зиёд, меҳмонҳо бисёр, масраф калон. Ногуфта намонад, ин меҳмонҳо пурра, то охир харҷи худашонро худашон пардохт намуда рафтанд. Ин як шармандагист! Маълумотҳо аниқ ва аз нафарони иштирок намуда дар ин маърака ба “Ислоҳ” расидааст..

Дар мақолаҳои қаблӣ нисбати Идиев Ҳусейн як каме гуфта будем. Ҳоло мехоҳем нисбати фаъолияти дар вилояти Суғд кардааш каме нақл намоем. Вакте ки Идиев Ҳусейн раиси филиали «Ориёнбонк» дар вилояти Суғд шуда кор мекард, ҳамроҳи у Вадудов Мадиёр — раиси ширкати Сомон Суғд буд. Ҳар ду дар зери итоати ба гуфтаи худи Вадудов Ҳасани «даҳмарда» буданд. Бо супориши Ҳасани «даҳмарда» Вадудов Мадиёр бояд дар  вилояти Суғд як корпоратсия бо номи Сомон -Суғд ташкил намуда, максимум корхонаҳои вазъи молиявиашон хуб ва фоидаоварро, бо ҳар роҳе набошад, бо зуриву фиреб бо дастгирии раиси пештараи вилоят Қосимов Қосим зери итоати худ медаровард. Ҳамаи ин нақшаҳоро Шералӣ Кабиров аз аввал кураторӣ менамуд. Ҳафтае як маротиба ба Хуҷанд рафта нисбати корҳои кардаи онҳо ҳисобот мегирифту нақшаҳои нави ҷиноятиро дастур дода бармегашт.

Барои амалӣ намудани ин нақшаҳои ҷинояткорона, аз як тараф бо супориши Ҳасан Асадуллозода аз тарафи дигар бо супориши раиси онвақтаи вилоят Қосимов Қосим тамоми кормандони мақомоти қудратӣ: КГБ, ВКД, прокуратура, кумитаи андоз ва баъдан агентии зидди коррупсия ҳама дар хизмати ин ду намояндаи «даҳмарда» буданд, то ин ки супориши Пешво ва нақшаи ба Ҳасан Асадуллозода додашудаи ӯ то охир ҷомаи амал пушад. Мардум бояд ҳаминро бифаҳмад, ки бе супориш ва иҷозати пешво Ҳасан ҷуръати як киоскро  аз мардум  гирифтан надорад. Ҳамаашро пешво пешакӣ дастур медиҳад ва роҳнамоӣ мекунад. Барои ҳамин аз раисони вилоят  сар карда то тамоми раҳбарони идораҳои қудратӣ ин ҷиноятҳоро дастгирӣ менамоянд. Идиев Ҳусейн ва Вадудов Мадиёр  дар давоми 3-4 сол, дар вилоят зиёда аз 200 корхонаҳои беҳтарин, бозорҳову амборҳо, автозаправкаҳову мағозаҳоро аз соҳибкорон бо шантажу зуроварӣ ва ё бо пулҳои ночиз ё тамоман бепул кашида гирифтанд, нисбати садҳо одамон парвандаҳои сохтаву бофта ташкил намуда, як қисм одамонро бегуноҳ ба солҳои зиёд паси панҷара равон кардаанд. Солҳои аввал ба ҳамаи ҷиноятҳои онҳо раиси вилояти Қосимов Қосим Раҳбарович ва як муйсафеди  қаллоби шантажист, ки худаш зодаи ноҳияи Муминобод асту аз синни 18-19 солагиаш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд зиндагӣ намуда он ҷо соҳиби оила, хонаву дар ва дар як мағозаи майдаи хурокворӣ то солхои 1993 оромона, биниашро ба ягон ҷой нахалонида кору зиндагӣ мекард, бо номи Назар-ака Қосимов, то он рузе, ки бо собиқ роҳбари дастгоҳ марҳум Салехов Маҳмадназар қудо набуд, кумак мекарданд. Баъд аз соли 2006 ба ҳамаи ҷинояткориҳои онҳо раиси нави вилоят Қоҳир Расулзода кумак мерасонид. Ба маълумоти аниқ яке аз сабабҳои раиси вилоят ва дар охир сарвазир шудани Қоҳир Расулзода  ин маҳз дустиаш бо Ҳасан Асадуллозода ва дастгирии ӯ мебошад. Барои ҳамин Қоҳир Расулзода  низ бераҳмона барои ғасби молу мулки соҳибкорон ба Вадудов Мадиёр ва Идиев Ҳусейн ёрии худро дареғ надоштааст.

«Назар Қосимов худро ҳоҷӣ, одами поку покиза меҳисобад. Лекин аз ягон намуди бизнес ё пули ҳаром парҳез надорад. Фақат қочоқи сигаретро зиёда аз 30 сол мешавад дар он вилоят ҳамин одам мекунад. Як фарзандашро раиси андози вилояти Суғд монда буд. Касеро мехост ба воситаи писараш миёншикан карда пулҳояшро гирифта боз миёнарав шуда халос менамуд, гуё боз ёрӣ мерасонид. Ҳамаи ин корҳоро Давлатов Нусратулло, раиси Кумитаи андоз хуб медонад ва шохид аст. Барои он ки он солҳо Давлатов низ дар андози вилоят зердасти Қосимов Хуршед буду доимо аз Назар -ака дуо мегирифт. Идиев Ҳусейн  ва Вадудов Мадиёр низ мисли дигар кормандони ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд дар хонаи Назар Қосимов дастҳо ба пеш хизмат мекарданд, агар розӣ набошанд, қасам бихуранд дар назди виҷдони надоштаи худ. Нисбати Назар Қосимов ва ҷиноятҳояш бо ду- се мақола сухан тамом навешавад. Албатта дар оянда равшантар маълумот пешниҳод менамоем.»

Бадии кор дар он аст ки ширкати Сомон- Суғд, ки ин қадар корхонаҳоро дар Суғд тасарруф кард, ҳамаи роҳбаронашро аз Колхозободу Қурғонтеппа монданд, ҳоло 75-80% ин корхонаҳо фаъолият намекунанд, роҳбарони корхонаҳо фақат ба фурӯхтани заминҳои дохилу гирди корхонаҳо ва фурӯши таҷҳизоту техникаҳо машғул мебошанд. Мақсад аз ғасби ин корхонаҳо чи буд? Нест кардани ҷойҳои корӣ, нест кардани соҳибкорӣ дар ин вилоят буд.

Дар телевизор 30 сол мешавад пешво даъват мекунад, ки агар шумо ватанатонро дӯст доред ҷойҳои кории нав ташкил кунед ва доимо «қайчии тиллоӣ» дар дасташ  ё феълан арғамчини гов тебала кунии Раҳмони чақыр дар дасташ ноҳия ба ноҳия лентабурӣ мекунад, аммо хешу табораш  корхонаҳои беҳтарине, ки дар вақт- вақташ  андозу маош месупориданд ба нестӣ бурда расонида истодаанд, ин сиёсати пешворо ҳеҷ ақли солим қабул намекунад. Акнун Вадудов Мадиёр гуё ҳақиқатҷуй шудаасту  мегуяд, ки мақсади мо аз кашида гирифтани корхона, онро обод кардан нест, мақсади мо ба гуфтаи «даҳмарда» бояд мардум бой нашаванд, ки баъд дарди сарамон мешавад. Охир хуб набуданд, ки ҳамин корхонаҳо фаъолияти муътадил намуда ҳарчи зиёдтар андоз супоранд, мардумро ҷойи кор диҳанд ва ҳатман доляи авлоди шуморо диҳанд. Ҳоло бе «доля» супорӣ ҳатто газетфурушӣ карда наметавони дар кишварамон, ҳоло бизнес ҷойи худаш.

«Идиев Ҳусейн ва Вадудов Мадиёр дар ҳаёти худ як туалет бо пули худ насохтаанд ва ба  қадри ин меҳнатҳои мардум ақлашон ҳам намерасад.»

Имрӯзҳо зиндагӣ Вадудовро ба як шароите овардааст,ки у розӣ аст барои як пули ночиз тамоми сиру асрор ва супоришҳои ҷинояткоронаи ба қавли худаш «даҳмарда»-ро барои ноҷавонмардиҳояш, бар ивази хизматҳои чандин солаи Вадудов Мадиёр нисбати вай кардааш пурра ошкор созад. Ниҳоят бо як алам  нисбати имрӯза шароиташ ҳарф мезанад, сахт пушаймон аст, ки ба хотири мансабу пулу чизу чора ба ин қадар мардбачаҳо хиёнат кардааст. Намедонад ба кӣ дарди дили худро гуяд. Ҳама ёру ҷураҳо аз наздаш дур шудаанд. Гуё баъд аз қарздор шудан, якчанд хонаву мағозаҳои дар вилояти Суғд будаи худро фурӯхта баъзе аз қарзҳояшро додааст. Имрӯзҳо ба шиносу ношинос мисли девона рози дил мекунаду Ҳасан Асадуллозода ва  Шералӣ Кабировро дашном, дигар коре надорад. Ба ростӣ раҳмамон намеояд. Барои он ки Ҳасанро ҳамин се -чор нафар мутилшику иғвогар боз ба роҳҳои бадтар бурданд, агарчи худаш ҳам ягон фаришта набуд, як касофати зинокор!

Ҳасан Асадуллозода бо духтарбозиву айшу ишрати худ аз дунё хабар надорад.

Куратори асосии ғасб кардани бизнесҳо, одамонро дар назди «даҳмарда» сиёҳ намуда, ҳаёташонро сузонидан ва маслиҳатчии асосии Ҳасан Асадуллозода,  то солҳои ахир Шералӣ Кабиров буд. Вақтхои  охир ба гуфтаи Шералӣ Кабиров ӯро «боло» аз Ҳасан Асадуллозода дур кардааст, яъне «запрет» гузоштааст, ки назди ӯ рафта ҳисобот диҳад. Агар ҳамин тавр гирем  аз як ҷиҳат пешво инҷо дуруст ҳам кардааст. Ҳасан дар Ориёнбонк ҳукумати худро солҳои дароз ташкил намуда буд, ки ҳамаи раисону вазирон бо навбат ба қабули ӯ рафта ҳисобот медоданд. Баръакси кор дар маҷлисҳои назди сарвазир фақат муовинони раисону вазирон иштирок менамуданд, ба ҳама вазирон баҳона назди «Раис» будем, яьне назди Ҳасани даҳмарда. Ҳайрон мемонем, одами мактаби миёнаро базур хатм карда ба ин вазирону раисон чи корҳоро ёд медода бошад?!

Хонандагони муҳтарам! Бовар кунед, мо ба ягон нафари қаҳрамонони ин мақола кинаву адоват ё хусумате надорем, фақат мехоҳем, ки халқ каме бошад ҳам бидонад, бифахмад, ки сардорони идораву корхонаҳо ва наздикони пешво то чи андоза худобехабар ва аз ҷамъият дур шудаанду одамонро ҳамчун мурча меҳисобанд. Аз шумо қаҳрамонони мақола хоҳиш менамоям, пеш аз ҳақорату дашном намудани нависанда, ҳатман як дақиқа оромона фикр кунед, ки куҷояш нодуруст аст….

Вадудов Мадиёр бо марги табии гузашт ё Ҳасан ӯро «бе зарар» гардонид?

Дар ҳоле, ки ин матлаб ба нашр омода мешуд хабар расид, ки яке аз қаҳрамонони  мақола Вадудов Мадиёр даргузашт. Ин одам ҳазорҳо оиларо сарсон, садҳо корхонаро тасарруф карда боиси аз ҳам пошии никоҳу оилаҳои  даҳҳо хешу табор ва шиносҳои худаш шудааст. Инчунин чунин маълумот ҳам расида аст,ки Ҳасан Асадуллоза дар бе зарар гардонияш саҳм доштааст. Ҷузъиёти ин ҳодисаро ҳатман хоҳем гуфт.

Ба хоҷааш Ҳасан Асадуллозода хабари мурдаашро расониданд. Ӯ заҳрханда карда гуфтааст, ки » и какан нав мурд, ман фикр карда будум, ки 2-3 сол пеш мурдай, хайр ягон нафар бекорчира равонуш кунен бравад, иштирок куна» . Ҳангоме пурсидем пас чаро Ҳасани даҳмарда чунин гуфтааст? Посух чунин буд. Ҳасан хело дар интрига сохтан ва шакле рафтор кардан маҳорати хубе дорад. Мо садҳо далоил дорем, ки ӯ падарро кушта ва ба писараш боз кумак карда, то аслан фикр накунад. Инчунин писарро кушта ва зиндонӣ карда боз ба падараш гуфта ман кушиш мекунам ӯро озод кунам ва пулашро гирифта коре ҳам накарда аст.

Хуб дигар бояд дарси хубе бошад ба дигар чопикҳои ин оила.Ана барои кӣ хизмат кардааст Вадудов Мадиёр. Солҳои охир фишори хун, баландии қанд, бепулӣ, бевазифагӣ ӯро алкоголик  сохта буд. Ба гуфтаи шиносонаш дар вақти мастӣ аз ошёнаи дуввум ба замин афтида дар беморхона бистарӣ шудаасту он ҷо инфаркт гирифтааст, ё чуноне гуфтем ба ин кор кумакаш кардаанд.

Бо як соҳибкори фархорӣ, ки номаш Боймурод Мирзоев бо тахаллуси  бойи фархорӣ аз солхои 1980 ҷурагӣ, дустӣ ва бародарӣ доштанд. Дар охир ҳарду ба  занҳои якдигар чашм ало карда буданд Аъузубиллоҳ аз ин гумроҳӣ ва ….хонавайрон ҳам шуданд.  Вақте ки Вадудов Мадиёр  бо супориши Ҳасан «Сомонсуғд»-ро ташкил намуд, аввалин шуда » Гафуровский винзавод»- ро, ки азони Мирзоев Боймурод  буд бо кумаку ёрии Назар Қосимов, Қосим Қосимов  кашида гирифт. Дар охири ҳаёт Мирзоев Боймурод ҳам сахт бечизу бепул шуда буд. Чанд соли пеш дар як таксии кучаги дар  ағбаи Анзоб ба садама дучор шуда мурд. Сабабгори асосии несту нобуд кардани Мирзоев Боймурод ҳамчун як соҳибкор, ҳамчун як дастархондор  Вадудов  Мадиёр бо Назар Қосимов ҳастанд. Мирзоев Бой ҳам фаришта набуд. Ӯ ҳам аз ҳамин парода буд, аммо воқеияташ ин буд,ки гуфтем. Ин нақлҳои моро мардумоне, ки синнашон аз 50 боло шудааст, хубтару беҳтар мефаҳманд. Барои он ки зиёде аз онҳо ин нафаронро аз ҷавонӣ мешиносанд.

Ps :Ин вижаматолиби шашумро махсус ба ин чанд нафаре исмҳояшон рафт ихтисос додем. Чун,ки ин ҳолатҳо куҳна нашаванд ба ин хотир чунин кардем. Дар мавриди қаҳрамонҳои асосии вижаматолиб,ки Тоҷиддин Пиров ва Қурбон Хушаков хело маълумотҳои зиёде расидаанд. Онҳоро мегузорем ба вижаҳои баъдӣ. Чун,ки ҳоло ҳарфу сухан барои инҳо зиёд аст ва куҳна шави ҳам надоранд.

Поёни бахши шашуми вижаматолиби мо, бо “Ислоҳ” бошед ва аз маълумотҳои дигари мо нисбати ин ғоратгарону тороҷгарон бештар огоҳи пайдо намоед!

Сообщение Идиев.Ҳ : Тоҷикматлуботро 100 сола не 30 сола гӯед, фармони Озода аст, “пешво”-ро қаҳр мекунад! появились сначала на ISLOH.net.

Миллионҳо доллари ғоратшуда аз буҷа ва мардум, “президент”и ояндаи “оила” кист?
(бахши чаҳорум)

Дар матолиби қаблӣ мо ваъда намуда будем, ки таҳқиқ ва пажӯҳиши худро дар мавриди «қаҳрамонҳо»-и ин навиштаамон идома медиҳем. Дар воқеъ бо навиштану чоп кардани як -ду мақола ё ду- се сабти видеоӣ, ҷиноятҳои содирнамудаи ин ашхосро наметавон тамомшуда ҳисоб кард. Сухан дар ин навбат аз ҷумла аз «Тоҷиксодиротбонк» ва Тоҷиддин Пиров ва чандеи дигар аст, ки ҳамин ҳоло ҳам худро нофи замин меҳисобанд, меравад.

Қайд кардан зарур аст, ки дар банкрот шудани Тоҷиксодиротбонк фақат Пиров Тоҷиддин  ва Хушаков Қурбонро гунаҳгор ҳисобидан дуруст нест. Мо хуб мефахмем, ки барои соҳибкор, одами дар сари вазифа буда,чи қадар фишорҳо махсусан аз тарафи мақомот, аз тарафи  «оила» ва хешу таборони беадади онҳо ба сарашон меояд, лекин фақат ин баҳона шуда наметавонад. Яқин аст ки нақшаи аз байн бурдани ин бонки замоне низомсоз дар маҷлиси «Оила»  бо сардории пешво тарҳезӣ шуда аст. Чунки ин хел корҳои калон беиҷозат ва розигии пешво ҳеҷ гоҳ ба нақша гирифта намешавад. Бонк новобаста аз шакли моликият, бояд зери қонунҳои бонкӣ кор кунад ва аз тарафи мутасаддиёни ҳукумат иҷроиши қонунҳо пурра зери назорат бошад. На он ки мисли ҷонишини сарвазир, куратори соҳаи иқтисодиёт Давлаталӣи Саидов ва Ҷамолиддин Нуралиев, раиси Бонки Миллӣ гуем ҳам хато намекунем, домоди президент, аввал пулҳои худ ва хешу таборони худро ба «Тоҷиксодиротбонк» бо фоизҳои 20-25% депозит гузошта, дар вақт -вақташ фоидаи софашро бидуни андоз гирифта дар ҷайб задан бошад.

Ман арзандаи мақоми президентӣ аз оила ҳастам

Мақсади Давлаталӣ Саидов маълум. Вай маблағҳои худашро барои паноҳ намудан аз «оила» ба ин бонк гузоштааст. Аз тарафи дигар бо Пиров Тоҷиддин ва  Хушаков Қурбон Раҳматович бародару дӯст ҳастанд. Онҳо сирри Давлаталиро аз «боло» пинҳон  медоранд. Давлаталӣ Саидов дар баъзе маъракаҳои наздикон ва махсусан дар бустонсарои шахсиаш дар Варзоб гуфтааст, ки гуё Путин ба президент шудани Рустами Эмомалӣ розигӣ надода истодааст. «Оила» маҷбур аст номзадии ӯро пешниҳод кунад. Дигар одами муносиб ва зеби президентӣ дошта дар атрофи хешу табори пешво аслан вуҷуд надорад. Магар Ҳасани бесавод, ки ҳоло худаш хеле аз даргоҳ дур асту бисёре аъзои оила ӯро рӯйи диданӣ надоранд, метавонад номзад бошад? Ё Озода?

Давлаталӣ Саидов новобаста аз он ки дар маҷлисҳои оила  нисбати алоқаҳои наздик доштанаш бо Пиров Тоҷиддин якчанд маротиба зери ҷанҷолҳои сахт монда аст, лекин муносибатҳояшро бо Пиров Тоҷиддин давом додан гирифт. Бисёр вақт шабҳо ба сараш парик пушида ба вохуриҳо меомад, албатта, ба хотири маблағҳои дар Тоҷиксодиротбонк гузоштааш. Маблағҳо кам нестанд. Бинобар тасдиқи Хушаков Қурбон дар ҳамон давра қариб 20 миллион долларро ташкил медода аст. Ҳоло бошад ин маблағҳо барои Давлаталӣ хеле  ночиз шуда аст, чунки роҳҳои ҷолиби дигари пулкор куниро пайдо кардааст. Дар нашрҳои баъди аз онҳо хоҳем гуфт.

Ҷамолиддин Нуралиев ва ҳилаҳои ӯ

Ҷамолиддин Нуралиев ба он мақсад маблағҳои худро бо ин бонк мегузошт, ки аввал фоидаи хуб гирад, дуввум зери назорат бошанд ва саввум ташкилоти микрокредитии худро ба бонк табдил дода “Спитаменбонк”муштариҳои калону хубро ба бонки худ биёварад. Аз рӯйи  гуфтаи як корманди бонк маблағи депозитии Нуралиев тахминан 48 миллион долларро ташкил медода аст.

Раисону вазирон ҳама аз аввал хуб мефаҳмиданд, ки маблғҳои худро нигоҳ доштан дар ин бонк хатарнок аст. Лекин ин ду академики соҳаи пиёзпарварӣ худро тавре ба VIP — муштариҳо нишон дода буданд, ки сирри ин бонкро ҳатто пешво фаҳмида наметавонад ва  дилпур бошанд аз масъалаҳои  махфӣ нигоҳ доштани сирри муштариҳо.

Дигар илоҷ ҳам надоштанд. Ҳамаи бонкҳои Тоҷикистон  аз они оила буд, ё ин ки ягон вобастагӣ ва мансубият ба «оила» доштанд. Дар асл ҳамин тавр ҳам ҳаст, яъне сирҳо бо  тезӣ фош мешуданд. Ба ҳамин хотир кормандони давлатӣ ба монанди собиқ раиси Суди Олии Тоҷикистон Абдуллоев Нусратулло, собиқ раиси Хадамоти гумрук Зарипов Гурез, собиқ прокурори генералӣ Шерхон Салимов, прокуророн Шариф Қурбонов, Ёраков Муродалӣ, Пираков Раҷабалӣ, Муҳаббатов Қурбоналӣ, Раҳимов Абдураҳим,Тиллоев Ҳокимшо ва даҳҳо дигарон маблағҳои калони бо «арақи ҷабин» ҷамъкардаи худро, ба хотири «боло» нафаҳмад, дар ин бонк нигоҳ медоштанд, ҳама дар як лаҳза аз дасташон ба боди фано рафт. Абдуллоев Нусратулло ҳарчанд ҷурагии наздик бо Пиров Тоҷиддин дошт, аммо ин барои баргардонидани маблағҳояш ёрӣ нарасонид. Ин одамҳое, ки номхояшонро зикр намудем, худашон хуб мефаҳманд, ки ин миллионҳо долларҳои ҷамъовардаашон аз куҷоҳо ба дасташон расида буд.

Дуздонро қароқчӣ зад

Ин пулҳои ашкҳои рехтаи чашмони ҳазорҳо модарону хоҳароне, ки ноҳақ фарзандону шавҳаронашонро бо туҳматҳо ба зиндон андохта ва ноҳақ нисбаташон парвандаҳои бофтаву сохта ташкил намуда мебошад. Оқибати дуоҳои мардуми мазлум албатта, ҳамин тавр мешавад. Ин ваъдаи Холиқи якто аст, ҳеҷ шакку шубҳа накунед, ҳатман ҷазоро дар ин дунё қабл аз охират  барои кирдору амалҳо бояд интизор мебудед. “Миёни дуъои мазлум ва Аллоҳ ҳеҷ пардае нест” .

Инҳо пулҳое ҳастанд, ки дар вақти қонуни афв аз зиндониҳо гирифтаанд. То охирон пули зиндонбудаҳоро аз наздиконаш нагиранд татбиқи авф намкунанду дар гузашта ҳам накарда буданд. Бовар кунед инҷо миллионҳо доллар аст, на маболиғи каме. Телевизионҳои кишвар нишон медиҳанд, ки пешво одами одил, раҳмдил ва худотарс аст. Лекин иҷроиши қонуни афв ана ҳамин тавр ҳал мешавад. Садхо мисол дорем, ки нисбати зиндониён татбиқи авф анҷом намешавад, фақат ба хотири надодан ва ё надоштани пул ё надоштани ягон пуштибон дар мақомот. Албатта ин афёраи “афв”и пешво матлаби ҷудогонае мехоҳад,ки ҳатман онро мӯ ба мӯ хоҳем гуфт.

«То таъин шудани Мансур Умаров ба роҳбарии Идораи зиндонҳои Точикистон дар ин вазифа як золим, одамкуш ва  худобехабар бо тахаллуси «Зорро» яъне Иззатулло Шарипов  кор мекард. Дар давоми 12-13 соли роҳбариаш садҳо нафар кушта, ҳазорҳо нафар маъюбу маслуқ, бе ягон кафанпулӣ аз зиндон баромаданд.»

Қосимов Қосим  Раҳбарович ҳукумат дар дохили ҳукумат

Ҳайрон мемонем ба ин вазирону раисон. Ҳадди ақал аз Қосим Раҳбарович  Қосимов, собиқ раиси вилояти Суғд  каме ёд нагирифтед, ки пулҳоятонро ба бонкҳои хориҷӣ бароред. Давлатӣ Саидовро мебояд аз гузаштаи Қосим Раҳбарович Қосимов сабақи зиндагӣ биёмузад, масалан нисбати орзуи президентӣ. Мо дар бораи фаъолияти кории Қосимов дар давраи раисии вилояти Суғд буданаш аз феврали 1996 то октябри соли 2006 пурра бо тамоми ҷиноятҳои содир кардааш ҳуҷҷату далелҳо ҷамъ намудем ва тақрибан 80% омода ба нашр аст. Бо садҳо нафар ҷавону калонсол мулоқот намудем, видео ва сабтхои аудиоӣ кардем ва ба хулосае омадем, ки ҳатто пешво мисли Қосим Раҳбарович Қосимов дар ин муҳлат ин қадар ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия содир накардааст. Як ҷумҳурии ҷудогона ба худ сохта, худро «Наполен» эълон намуда, мардумро азобу шиканҷа дода, молу мулкашро ба номи хешу таборонаш гузаронида, онҳоро гуё хешу табори Абдуллоҷонов ё ин ки тарафдори Маҳмуд Худойбердиев  гуфта айбдор намуда ҳаёташонро шикаста будааст.

Аҷоибии кор дар он аст ки бародари хурдиаш бо номи Ҷаъфар армияи худро дошта ва худи Қосим Роҳбарович Қосимов ҳам армияи ҷудогонаи худро (қариб  3000 нафар) доштааст, ки ҳарду ҳам ба марказ итоат намекарданд. Қосимов дар охир нияти  президентӣ ҳам карда будааст, ки аммо ҳамсари худи Қосимов фаврӣ ин хабарро ба боло расонидааст. Он тарафаш ба шумо маълум. Касе нияти президентӣ кунад аҳволаш чи мешавад. Агар хоб дидед,ки президент шудаед ба ҳамсаратон нагуед,ки вазъатон харобу анти партив ва “хоин” эълон мешавед.

Дар барномаҳои оянда  бо факту далелҳо нисбати Қосимов Қосим Раҳбарович (бо тахаллуси Кичкинтой) нақл менамоем. Миқдори пулҳои дар хориҷа ва руихати амволи дар хориҷа доштааш низ дар дасти «Ислоҳ» маҳфуз аст. Одамони бегуноҳро дар зиндонҳои Хуҷанд ду маротиба бо фармони ӯ тирборон намуда 70-80 нафарро куштанд ва аз рӯйи  маълумотҳо  онҳо беҳтарин фарзандони вилоят буданд. Фикр накунед, ки ин ҳодиса фаромӯш шудааст! Ҳатман дар ин қазияи Қосим Роҳбарович муфассалан бо санад ва арқоми рад ношаванда бар хоҳем гашт. Бовар кунед,ки ончи мо дар даст дорем он 9 миллиони расонаи шудааш қатрае аз баҳр аст.

Президентшавандаи «оила» ва домодпошо

Вазифаи аввалиндараҷаи кураторони соҳаи иқтисодӣ ва бонкӣ, яъне Давлаталӣ Саидов ва Нуралиев Ҷамолиддин аз он иборат аст, ки доимо аз вазъи иқтисодии бонк бар тибқи ҳисоботи аудитӣ, аз рӯйи ҳисоботи ҳарсолаи бонкӣ,аз рӯйи активҳояшу дигар нишондиҳандаҳояш баҳодиҳӣ кунанд.Агар каме хавфи муфлис шудан пеш ояд ҳатман бонги хатар бизананд, комиссияҳо аз ҳисоби мутахассисони беҳтарини соҳаи молия ташкил намуда бонкро аз муфлисшавӣ наҷот диханд, гунаҳгоронро аз роҳбарият барканор кунанд ва албатта, кафолати пасандозҳои гузоштаи мардумро диҳанд, барои мардум дар паника наафтиданд.

«Лекин онҳо аввалин кори кардаашон маблағҳои худро аз бонк гирифтанд, бо воситаи фишор ба сари роҳбарияти бонк. Бино ба маълумоти  ба мо расида миқдори пули дар бонк буда ҳамаи қарзҳои Давлаталӣ Саидов ва Ҷамолиддин Нуралиевро руйпуш наменамуд. Барои ҳамин бо истифода аз мансаб зуд як қарори Ҳукумати Тоҷикистонро бо ёрии пешво  бароварда аз вазорати молия маблағ барои муфлис нашудани Тоҷиксодиротбонк ҷудо намуданд.»

Ва аз пули ҷудошуда аввал маблағҳои депозити худро бо % гирифтанд, боқимонда як қисмашро ба депозити гузоштаи собиқ вазири саноат ва қудои президент Гулов Шералӣ доданд. Ба гуфтаи корманди маблағи пасандози ӯ дар бонк тахминан 13 миллион долларро ташкил намудааст. Маблағи  бо қарори ҳукумат барои реанимасияи бонк ҷудошуда ба се нафар муштарии камбағали бечора расиду халос.  Ин муштариҳои камбағал Давлаталӣ Саидов Ҷамолиддин  Нуралиев  ва Гулов Шералӣ, ҳар сеяшон ҳам ягон хешу табори ба «оила»  надоранду бо меҳнати ҳалол ин 70-80 миллион долларро кор ва пасандоз кардаанд, офарин!!!  Аз гуфтаҳои Пиров Тоҷиддин бармеояд ӯ кушиш намудааст, то ин ки  пулҳои аз тарафи вазорати молия ҷудошударо барои аз буҳрон халос намудани бонк истифода барад. Лекин Давлаталӣ Саидов ва Ҷамолиддин Нуралиев тамоман розӣ нашуда, шарт гузоштаанд, ки аввал пулхои худро мегиранд ва ҳамин тавр ҳам карданд. Ба Пиров Тоҷиддин гуфтаанд,ки мо пуломона мегирем баъд ягон фикр мекунем, просто ором амал кун ҳарчизет мегӯем.

«Албатта, рафтори кураторони худро Пиров Тоҷиддин ва Хушаков Қурбон дида ба хулосае омаданд, ки бонк оянда надорад ва аз пулҳои аз вазорати молия ҷудошуда мо ҳам бояд «аз дег гуште» ба худ бардорем ва ҳамин тавр ҳам карданд. «

Пиров Тоҷиддин гуё дар бозиҳои ҳарсолаи лотореяи гринкарти ИМА иштирок намуда лотореяаш бурида бошад, билофосила оилаи худро гирифта ба ИМА рафт ва он ҷо санади зисти доимӣ гирифт. Лекин дар асоси лотерея неву дар асоси инвеститсия ба маблағи 10 миллион ба иқтисодиёти ИМА. Дар бораи 10 миллионро ба кадом соҳа инвеститсия намудани Пиров Тоҷиддин ва шарики тиҷоратиаш баъдтар ҳикоя мекунем.

Қурбон Раҳматович ва…

Хушаков Қурбон бошад чун ҳарвақта, дустдори мардуми бузурги Эрон, бо як соҳибкори эронӣ, ки бо тиҷорату парвариш ва фурӯши гулхо машғул аст, шарики тиҷоратӣ шуда ба маблағи 5 миллион доллар дар шаҳри Штутгарти Германия ба ҳамин бизнес маблағгузорӣ намуд. Ҳоло барои иқомаи доимӣ ҳуҷҷатхояшро супоридааст.  Шиносоии Қурбон Раҳматович бо ин тоҷири эронӣ дар Душанбе сурат гирифта аст. Ин тоҷири эронӣ солҳои дароз ба Тоҷикистон дарахтони декоративӣ ва бисёр намуди гулҳоро аз Аврупо оварда савдо мекардааст. Ҳисоби бонкиаш дар Тоҷиксодиротбонк будааст. Қурбон Раҳматович ҳамчун шикорчӣ нигоҳ мекунад, ки дар суратҳисоби эронӣ пулҳо зиёд омада меравад. Он вақт Хушаков  мақсад мегузорад бо ӯ аз наздик шинос шавад ва ҳамин тавр, аввал шиносоӣ баъд ҳамкорӣ бо он эронӣ Қурбон Раҳматовичро то Аврупо бурдааст.

Дар Олмон гирифтани иқомаи доимӣ хеле муҳлати зиёд  металабад. Барои ҳамин тамоми кирдорҳои фиребгариву дуруғгуиро ҷуръат карда дар Олмон нишон надиҳӣ, андозҳоро дар вақташ супорӣ, қонунҳоро вайрон накунӣ, умуман хислатҳои бадро дар Тоҷикистон гузошта равӣ, беҳтар аст, вагарна немисҳо заррае ҳис намоянд, сарнавишти бадеро интизор бояд бошӣ ва ё зуд ба ватанат равонт мекунад.

Ҳоло Хушаков Қурбон Раҳматович  талош дорад дар чашми немисҳо худро мусбат нишон диҳад. Мо тарафдор, лекин шубҳа дорем. Хушаков бояд эҳтиёткорона рафтор кунад, то шарикони  олмонии пештарааш хабар наёбанд, ки ӯ дар Олмон маскан гирифта истодааст. Агар солҳои аввали кушодашавии  мағозаи «Ашан»-и Душанберо дар хотир дошта бошед, дар дохилаш як мағозаи олмонии фуруши сару либос амал мекард. Ҳоло он мағоза дигар вуҷуд надорад. Ҳамон мағозаи олмониро Хушаков Қурбон Раҳматович бо ҳамроҳии Азизулло Абдуллоев бо тахаллуси «домсоз» шарикӣ кушода буданд. Писари Азизро дар он директор монданд, чунки маблағгузори асосӣ Азиз буд. Ҳоло ба ҳамагон маълум аст ки Азизулло Абдуллоев дар кадом вазъият қарор дорад яъне барои як умр зиндонист ва ин ҳама пулҳо аз куҷо будааст. Аз рӯйи  гуфтаи шиносон ва кормандони мағоза, олмониҳо каме пештар аз шахсиятҳои  шарикони тиҷоратии худ бохабар шуда муносибатҳои тиҷоратиашонро пурра қатъ намуданд ва аз баҳри пулҳои худ ҳам гузаштанд, дигар ба ягон емайл ё телефон ҷавоб намедодагӣ шуданд. Ин ҳам ба манфиати кор аст дигар, чуноне мегуянд «аз хирсканда мӯйе»

Хушаков  Қурбон Раҳматович бо раиси «Тоҷикматлубот» Идиев Ҳусейн  дар Душанбе бо дастгирӣ ва  маблағгузории бевоситаи як тоҷири эрони яхдони калон ( холодилник) барои чанд сад тонна меваю сабзавот дар базаи Тоҷикматлубот сохта ба истифода дода буданд. Тоҷири эрониро Маҳмадамин Оймаҳмадов, собиқ намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии  Эрон оварда ба дасти онҳо бар ивази 5% ҳаққи худ супорида буд. Аз гуфтаи Оймаҳмадов маълум гашт, ки ба ӯ ҳам  аз ваъда камтар  маблағ додаанд. Ба ҳар ҳол Оймаҳмадов Маҳмадамин розӣ аст, чун илоҷ надорад. Умуман ҳаҷми хароҷоти тоҷири эронӣ барои сохтумони холодилник тахминан ба 5 миллион доллар ИМА расида аст. Аз рӯйи  шартнома вақти ҳисобу китоб бо сармоягузор наздик шуд, чун ҳарвақта телефони эрониро на Идиев Ҳусейн ҷавоб мегуфт на Қурбон Раҳматович  Хушаков. Баъзе вақт Идиев ҷавоб мегуфт, лекин баҳона мекард, ки ҳозир ҳамроҳи Пешво дар меҳмонӣ асту якчанд вақт пас занг мезанад. Ҳамин тавр  моҳҳо ва солҳо гузаштанду Идиев Ҳусейн бо Хушаков Қурбон маблағи холодилникро аз буҷети давлат гирифта бо ҳам бародарвор тақсим карданду «таваккали эронӣ ба Худо» гуфта оромона зиндагӣ карда гаштаанд.

Идиев Ҳусейни «муфлис» аз дасти Шералӣ Кабирови наҳангча

Идиев Ҳусейн мувофиқи супориши Ҳасан Асадуллозода чанд соли пеш ба сохтумони ду чойхона машғул шуд. Яке аз чойхонаҳо дар шаҳри Душанбе ва дигаре дар ноҳияи Данғара. Мувофиқи сметаҳои аввала чойхонаи дар Душанбе сохта мешуда дар ҳудуди 50-60 миллион доллар ва чойхонаи дар ноҳияи Данғара буда дар ҳудуди 20-25 миллион доллар сохта ба итмом мерасид. Ҳамаи маблағгузорӣ барои ин ду иншоот ба души корхонаи Талко, роҳбараш Кабиров Шералӣ гузошта шуда буд. Ҳамин тавр нақшаву сметаҳоро  ҳукумати Тоҷикистон  тасдиқ кард ва корҳо шуруь шуданд. Чун ҳарвақта вақти рафти сохтумонҳо масраф гӯйё хеле зиёд шуд. Ҳамин тавр чойхонаи дар Душанбе ба маблағи 150-160 миллион доллар ва чойхонаи Данғара бошад тахминан ба 65-70 миллион  сохта ба истифода дода шуданд. Фикр кунед, ин олимони тоҷик на онқадар нодуруст ҳисоб карда будаанд, ҳамагӣ 150-160 миллион доллар хато шуда будаасту халос. Барои Тоҷикистоне, ки яке аз  «бойтарин» давлатҳои ҷаҳон дар рӯихат ё индекси 173-ум ҷой қарор дорад, ин маблағ ночиз аст. Сабаби ду ё се маротиба баланд рафтани нархи ин чойхонаҳо, аз рӯйи гуфтаҳои Идиев ин аппетита-иштиҳои калони Кабиров Шералӣ мебошад, ки Идиевро маҷбур месохтааст масрафи ҳарчи бештарро ба Ҳасану мутасаддии ҳукумат нишон диҳад. Пулҳои зиёд нишондодашударо 70% ба худаш мемондасту 30% -ро ба Идиев Ҳусейн  медодааст.  Мо, нисбати Кабиров Шералӣ — «олим»-и бузурги соҳаи саноат, доцент, соҳибкори беҳтарини аср, бисёр гуфтанихо дорем. Чи тавр як қаллоби кучагӣ бо дипломҳои фалшивый соҳиби мансаби вазирӣ гашта, баъд аз ба мақсад расидан, устодони худро зери пой карда боло меравад. Инҷо Идиев Ҳусейн рост мегуяд, ки ҳамаи ҷавобгарӣ нисбати хароҷот  дар назди калонҳо дар сари ман асту фоида ноодилона тақсимот шуда истодааст. Аз ин рӯ аз ҳамон вақт зиддият байни онҳо давом дорад. Чанд сол аз ин корҳо гузашта бошад ҳам, лекин байни Идиев Ҳусейн ва Кабиров Шералӣ  ҷанҷолу зиддият кам нашудааст. Инҷо гап дар бораи даҳҳо миллион доллар меравад, онҳоро фаҳмидан мумкин аст.

Савол ба миён меояд, ки ба маблағҳои гушношунид, яъне 200-220 миллион доллар сохтани чойхонаҳо ба Тоҷикистони қашшоқ лозим аст? (Ин чойхонаҳо як «Навруз» дар Душанбе ва «Хуррамшаҳр» дар Данғара аст. Чойхонаи аввалӣ аз они Ҳасан ва дуввумӣ ба Рустам тааллуқ дорад) Кӣ он ҷо чой менушад ва кай он ҷойҳо ягон фоида меоранд. Ҳеҷ гоҳ фоида намеорад, баръакс ҳар сол садҳо миллион сомонӣ барои нигоҳдорӣ ва нигоҳубинаш меравад. Беҳтар набуд, ки як маҳаллаи калони истеҳсолӣ (промышленный квартал или район) ба ҳамин маблағҳо сохта,10-15 корхонаи замонавӣ, ки барои 5-6 ҳазор ҷои корӣ мешуд, хуб набуд? Андоз ҳам мешуду бюҷет ҳам бой мегашт. Не, ҳатман ҳамин тавр иншоот лозим. Дар мамлакатҳое, ки сатҳи коррупсия дар осмон расидааст, ҳар чи зиёдтар идея ва схемаҳои пулҳои бюҷету Талкову Барқи тоҷикро аз худ кардан лозим аст.  Фикр мекунед Кабиров Шералӣ намефаҳмад ин гапҳои моро? Албатта мефаҳмад, лекин ин роҳи осонтарини пулҳои Талкоро азони худ кардан аст. Дар ҳамин пружа ҳам Идиев Ҳусейн  бо Оймаҳмадов Маҳмадамин ба воситаи як, ду ширкати хориҷӣ гуё бо роҳи тендер онҳоро ғолиб бароварда бо нархҳои ҳавоӣ фонтану мебелҳои чойхонаро аз Хитой ва Эрон ворид намуда маблағҳои калонро то 20-30% «шапка» гирифтанд.

«Ана ин яке аз он далелҳое аст, ки Идиев Ҳусейн ин қадар маблағҳоро аз куҷо ёфтааст, ки ба бонкҳо депозит мегузорад. Баъд ӯ бо 5 миллиону 6 миллион доллари дар бонкҳо  сухтааш сахт ғамгин шавад? Асосаш ба гуфтаи худаш саломатӣ ва боз ягон схемаи нав, баъд ҳама ҷояшро боз  мегирад.»

«Пешво» кофӣ набуд,ки Раҳмонбоборо доҳӣ мехоҳанд кунанд?

Дар ҷаласаи охирон Пиров Тоҷиддин ,Хушаков Қурбон Раҳматович  ва Идиев Хусейн нишаста чойнушӣ мекарданд, ки Ҳусейн Идиев  кадом нафарро аз дехаи Раҳмонободи Масчоҳ ном гирифта хеле дашном намуд. Бо як ғазаб гуфт, ки 3-4 нафар вазифаталаб аз он деҳа  пайдо шудааст.  Барои он ки Пешво ё ягон аъзои оила нисбаташон аҳамият диҳад, як стол бо ду бутилкаи пластмасӣ обҳои худсоз, ду нони чапотӣ нишаста 112 ё 113 солагии зодрузи Бобои Шарифро қайд доранд. Идиев  Ҳусейн боз онҳоро ҳақорат намуда давом дод, ки боз аҷабе нест, ки  ба пешво маъқул мешавад, баъд маҷбур мешавем то 150 солагии Бобои Шариф ҳар сол дар гармии 45 градуса дар дашти Олимтой нону самбусаи тандурӣ бипазем. Аз тарафи дигар бобои Шариф аз нақли мардуми калонсолтар як қаравули магазинчаи хурокворӣ  дар қишлоқи Пушинг буд. Аз саҳарӣ то бегоҳ дар  кровати солдатӣ як матраси куҳна партофтагӣ, харашро ба дарахт баста хоб буд. Ҳамин аҳвол қариб 40 сол давом кардааст. Вай ягон қаҳрамонӣ ба ин миллат накардааст. Акнун боз аз ӯ Владимир Илич Ленин созем. Ҳамин як Пешвояш бас аст. Бо ин қадар идҳои фикр карда баромадаашон. Ҳар рӯз як иде ҳаст. Пирову Хушаков ханда карда гапро давом доданд, ки фикр мекунем ҳоло ин халқи бечора боз даҳсолаҳо зодрӯзи ҳар як аъзои ин оиларо қайд мекунад, Бобои Шарифро даст нагирем ҳам мешавад. Дигар дар ин  ватан ягон марди гапзан намонд, ҳамаро паси панҷара карданд ,ё ин ки куштанд, ё ин ки овозашро 100 сол суд карданд.  Онҳо рост ҳам мегуянд. Ҳақиқат ҳамин тавр ҳам ҳаст. Ватан ҳаматарафа хатарнок  шудааст. Мо аввал фикр кардем, ки Идиев Ҳусейн  дар ҳақиқат равшанфикр шудаасту ин хел фикрҳо дорад. Лекин ӯ дар фикри он будааст, ки харҷҳо зиёд шуда истодаанду даромад хуб нест ва доимо дар сафарҳои пешво гӯйё аз ҳисоби худаш ва Тоҷикматлубот ташкилӣ мекардааст..

Поёни бахши чаҳоруми вижаматолиби “Ислоҳ”,идома дорад бо мо бошед…

Ps: Бо Ислоҳ бошед,то идомаи моҷароҳои афроди “бузург”и миллат ва ҳукумати “пешво”ро шиносед. Ончи мо тақдиматон мекунем ҳеҷ расонае онро тақдим нахоҳад кард. Ислоҳ омода аст ҳар қаҳрамонҳои матолибамон хоста бошанд ончи омадааст дар мавридашон онро рад кунанд марҳамат. Мо омодаи нашри раддияҳои шумо дар “Ислоҳ” ҳастем. Танҳо мардона шинеду нависед ва ба мо ирсол намоед, то онро нашр намоем. Агар ҷанобон “академик”ҳо намехоҳед навиштан метавонед дар назди ягон шахси бо саводтар дарди дилатон ва раддияе ба ин матолиби нашр намудаи мо доред гӯед ва нависанду ирсол намоянд. Худатон шоҳид мегардед,ки мо онро нашр менамоем ва ё на! Аммо лутфан мадҳия ва тавсифу тамҷиди “пешво” барои худ сафедкуни нанависед,ки мо чоплус ва маддоҳонро хуш надорем.  Ислоҳ минбари маддоҳон,чоплусакони тардоман набуд ва нест.Танҳо бо факту рақам рад намоед. Мо мунтазири раддияҳои шумо ҳастем.

Сообщение Миллионҳо доллари ғоратшуда аз буҷа ва мардум, “президент”и ояндаи “оила” кист? появились сначала на ISLOH.net.