Архивы Қурбон Ҳакимзода - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №184
Аз дасти ин оилаи носерами гушна на тоҷирон рӯз доранд, на муҳоҷирон ва на ҳатто деҳқонҳо. Яке мабинӣ, ки фармон додааст, ки бояд ғалла фалон тонна истеҳсол карда шавад. Заминҳои пахтаву юнучқаву дигару дигарро чапа карда мардум ба кишти гандум ё ҷав водор карда мешавад ва ё мегуяд, ки картошка фалон тонна бояд истеҳсол шавад. Мебинӣ, ки заминҳои кишти дигарро чапа кардаву дар ҷойҳое, ки тамоман коридани картошка мумкин нест, ҳосил намедиҳад, картошка мекоранд.

Дар мавриди маҳсулоти стратегии кишоварзии мамлакат-пахта ҳам айнан чунин ҳолат аст. Як сиёсати ғалату хато, балки ҷиноят дар ин арса содир шуда истодааст.

Солҳои пеш Тоҷикистон то 1000.000 тонна пахта руёнида буд. Ҳозир ин рақам то ду баробар кам шудааст. Мисли алюминий, ки ин оила дуздид, дуздид ва оқибат заводи бузурги алюминийро аз кор бекор кард.

Ҳозир соҳаи пахтакорӣ пурра набошад ҳам беш аз 90 дар 100 ба дасти Оилаи Раҳмонов аст. Барои ҳамин нархи хариди он аз деҳқон бениҳоят паст аст. Азбаски нархи он дар дасти ин Оила  ва паст аст, деҳқонҳо аз кишту кори он дилсард шудаанд. Инро муаллифи ин матлаб ҳам навиштааст, аммо ҷуръат накардааст,ки иллати асосиашро бигуяд:

Бохтар

Ассалому алайкум бародар Муҳамадиқбол! Ман дар сайти нашрияи СССР як мақолаеро бо номи «Пахтаи тоҷик қадр дорад» аз 09.10.2024 хонда ба муаллифи он Хушвақт Хошоков аз ноҳияи Дустӣ ташаккур гуфтам. Барои чӣ? Барои онки ба ин савол посух бигиред, инҷо худи ҳамон мақоларо ба шакли пуррааш пешниҳоди ҳамагон менамоям ва сипас фикрҳоямро мегуям:

«Дар ҳақиқат пахта дар давлати мо қиматашро гум кардааст. Дар ин бора 2 сол боз тавассути газетаи СССР мегӯему менависем, вале масъулони соҳа чаро посух намедиҳанд?

Тобистони имсола ҳарорати гармӣ аз 55 дараҷа гузашт. Табиист, ки ҳосили пахтаро гармсел дар ин давра нобуд кард. Ин ҳам бошад офати табиист. Давлат инро ба деҳқон ҷуброн мекунад ё не? Агар имкони ҷуброн набошад, ақаллан нархи пахтаро то дараҷаи соли 2022 боло бардоштан мумкин аст-ку? Соли 2022 мани муалифи ин сатрҳо 1 килограм пахтаамро 13 сомонӣ фурӯхтам, дар соли 2023 бошад 1 кг ба 5 сомонӣ баробар шуд. Ва ин дар сурате, ки нархи хароҷоти парвариши пахта ҳамон хел бе тағйир монд.

Сабабаш дар чист? Кӣ инро ба деҳқон мефаҳмонанд. О, пахта боигарии давлат буд ку! Имрӯз боигарии кист? Инро кӣ шарҳ медиҳад?

Савдогаре, ки пахтаро аз деҳкон бо нархи 5 сомонӣ мехарад фақат кунҷораашро 5 сомонӣ мефурӯшад. Нархаш, равғанаш, пасмондаи чигит (шелуха)-и инҳо куҷо шуданд? Ягон кас аз он муҳтарам соҳибкорон дар ин бобат мепурсида бошад? Умуман нархи харду фурӯши пахтаро кӣ танзим мекунад, ақаллан хаминашро мефаҳмидем.

Ягона соҳае, ки даромаднок буд, ин пахтакорӣ буд, аммо ин ҳам бошад бо ин нарху наво зараровар шуд. Акнун деҳқон заминро чи кор мекунад? Вазорати кишоварзӣ ва иқтисоддонҳо дар ин бора ягон чиз мегуфта бошанд? Манфиати деҳқонро кӣ ҳимоя мекунад?

Чи хеле, ки халқ мегӯяд: «Аҳволи мусибатзадаро мусибатзада медонад». Соҳибкороне, ки масъалаи хариду фурӯши пахтаро то ба ин ҳад поин овардаанд, дарк намекунанд, ки деҳқон дар чӣ аҳвол аст? Канӣ бародарию баробарӣ?

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман сокини Қурғонтеппа ҳастам. Солҳост, ки ба пахтакорӣ машғулам. Дар ҳақиқат ҳозир нархи хариди пахта бениҳоят паст аст. Мо, албатта, панҷ сомонӣ неву 7-то 8 сомонӣ мефурӯшем, вале ҳамин нарх ҳам бисёр ночиз аст. Чунки барои руёнидани ҳосил хароҷот зиёд аст.

Инҷо чи гуфтаниам. Ҳозир нархи хариди пахта дар Узбекистон аз деҳқонҳо баробари 20-25 сомонии худамон аст.

Муаллифи ин мақола гапҳои дуруст навиштааст. Аммо  чизи асосиро нагуфтааст. Пахтаро Ҳасан Асадуллозода ва бародаронаш дар Қурғонтеппаву Кулоб монополия кардаанд. Онҳо чи нархе гузоранд, тамом. Солҳои пеш мо ба Восеъ ба як бизнесмен буд бо номи Самариддин мебурдем, бо нархи баланд мехарид, ҳамчунин Орҷоникидзеобод-Ваҳдат мебурдем. Аммо ҳоло фақат харидор Ҳасан ва одамони вай аст. Барои ҳамин нархи паст мондагианд.

Дар ин мақола сурати вазири кишоварзиро ҳам чоп кардаанд. Охир ин Қурбон Ҳакимзодаи вазири кишоварзӣ чанд сол дар вилояти Хатлони мо раис буд. Аммо аз дасти вай ягон бало ҳам намеояд. Ҳатто дар назди ҳоҷи Амиру ҳоҷӣ Раҳматулло мисли барги бед меларзид.

Дар Хатлон ҳама чиз дар дасти Ҳасану авлодаш ва Зоиру авлодаш аст.

Ман намедонам, ки чашму дили инҳо кай сер мешуда бошад?

Мастчоҳ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Номае дорам аз ноҳияи Мастчоҳ

Бори дуюм аст ки ба «Ислоҳ» менависам. Ман сокини ноҳияи Мастчоҳ мебошам ва ин бор дар бораи яке аз мушкилоти муҳими ноҳия гап мезанам. Дар ноҳияи Мастчоҳ мутаассифона барқ тақрибан нест. Дар 24 соат 6 соат барқ дорему тамом. Вақте ки барқ хомӯш мешавад телефонҳо умуман кор намекунад, интернет ку умуман нест. Дар ноҳияи мо дар як ҳафта ду сӯхтор ба амал омад. Барқ набуд, оғилҳои мардум ҳама сӯхту нобуд шуд. Телефон кор намекард, ки МЧСро занг занем. Ҳатто аз бесветӣ об набуд, ки сухторро худамон хомӯш кунем. Воқеан ҳам ин хеле рӯзи сахт аст.

Ноҳияи Мастчоҳ имсол нақшаи даъватро барзиёд иҷро кард. Аммо падарҳои онҳоеро, ки дар Русия ҳастанд бурда маҳкам карда аз онҳо пул мегиранд ва ин ҳолат тамоми сол идома дорад ва ҷавонони мо аз тарси хизмат ба ватан омада наметавонанд ва ҳар рӯз як ҷавони мастчоҳиро аз Русия депорт карда равон мекунанд ва ӯро аз фурудгоҳ рост ба хизмат мебаранд. Чандин нафарҳоро медонам, ки аз хизмат маъюб шуда омадаанд ва мутаассифона чандин нафари дигарро медонам, ки мурдааш омад ва шарт нест, ки номҳои онҳоро бигирам. Мо мардуми точик то кай сабр кунем. Косаи сабр он тараф истад, деги сабрам пур шуд. Ман умедворам, ки мардуми шарифи Мастчоҳ даст ба дасти якдигар дода коре анҷом диҳем.

Умедворам дар ноҳияи Мастчоҳ дигарҳо низ маълумотҳои нисбатан муҳимро ба «Ислоҳ» мефиристанд.

Кулоб

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман сокини Кулобам. Дар вақти солҳои 92 дар Фронти халқӣ будам ва азоби мардуми тоҷикро медидам, барои ҳамин дигар намехоҳам ҷангро.

Дар Кӯлоб мисли дигар минтақаҳо мардум рӯз надорад: бесветӣ, бекорӣ, налоги баланд, зулми милисаҳо, суду прокурор, ҷамоат, ҳукуматиҳо. Ман ба мардуми тоҷик гуфтаниам, ки фикр накунед мо кӯлобиҳо дар роҳату осонӣ зиндагӣ мекунем,не хато мекунед. Мо бо мардуми Тоҷикистон дар як қаиқ ҳастем. Ба Эмомтапак гуфтаниям, ки худат ҳамон сиёмкаи авваллин бор ба Кӯлоб омадагиатро бин, ки чи хел будӣ, ҳозир чи?

Ин гуфтаи худат аст. Чи хеле ба кормандони дузду порахури мақомотат гуфта будӣ!

Ту ақаллан ба фарзандони бародарони Фронти халқӣ, ки ту то ҳозир катагӣ бо фарзандонат, бо аҳлу авлодат Тоҷикистонро ғорат дорӣ, нафақа медодӣ дар ҳар як ҷашни ид ба оилаҳои онҳо ёрдам мекарӣ, накардӣ. Аммо ин хуб шуд. Чунки ту худатро нишон додӣ. Акнун мо кӯлобиҳо фаҳмидем, ки ту нокас будаӣ, мунофиқ будаӣ.

Ба мардуми Кулоб  гуфтаниям сукут накунед, хезед ин нокаси шайтонро аз болои ин мардуми ҷабрдида яктарафа созем.

Ман мефаҳмам. Ба мардуми Кулоб мегуянд, ки мухолифонро гӯш накунед, вайҳо душман ҳастанд. Не бародарҳо. Мо онҳоро гуш ҳам накунем ин гуфтаҳои онҳоро бо ду чашми сар дида истодаем, зулми ҳукумати ин касифро ку. Ин касиф фикр дорад мардуми Кулобро мурғ кардааст. Не бародарҳо. Дар Кулоби мо шерон бисёранд. Ту қумандонҳоро куштӣ, зиндонӣ кардӣ, аммо мардуми Кулобро наметавонӣ тарсондан. Мардум медонад, ки шикаста бошем ҳам лекин нарехтаем.

Эй, ҳукуматиҳо, фаҳмида бошед! Мо кӯлобиҳо дар бари мардуми Тоҷикистон ҳастем ва мемонем. Мо бояд дигар фиреб нахурам. Ин Эмомтапакро бовар надорем.

Конибодом

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Нома аз ноҳияи Конибодом, ҷамоати Лоҳутӣ ба Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон. Ин нома аз номи истиқоматкундагони деҳаи Лоҳутӣ, Ҷаҳонзеб ва Санҷидзор мебошад. Мо ба шумо сарвари давлат ва падари миллат дарди дили ин халқи мазлуми бечораро расонданием.

Дарди дили ин халқи мазлуми бечораро ҳеҷ ки намепурсад:- на раиси ҷамоат гуш мекунад, на раиси ноҳия Тухтасун Абдусаломзода. Ин чи бедодгарӣ аст? Халқи   бечора чи хел зиндагӣ кунад? Об нест, ки бе об зиндагӣ кардан мушкил.

Чизи дигар ин аст ки ин кормандони мақомот аз чашми вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода дур, дар ин ҷамоати мо чи корҳои номаъқулӣ ба болои халқи бечора раво дида истодаанд. Чи кор кунем? Дардамонро кӣ гуш мекунад? Мо маҷбурем ба воситаи «Ислоҳ. нет» дарди дили худро ба шумо сарвари давлат расонем. Муҳтарам Ҷаноби Олӣ шумо аз халқ хафа нашавед, ки бо «Ислоҳ.нет» алоқа мекунад. Халқ аз маҷбурӣ менависад дардашро, шумо як бор гуш кунед, фаҳмед, як бор тафтиш кунед.

Шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Конибодом чанд нафар милисаҳои ғайриқонунӣ дорад. Дар куҷои қонун навишта шудааст, ки либоси милисаро ғайриқонунӣ бипушиву даст ба қаллобӣ занӣ?Дар ноҳияи мо хато намешавад гуям, ки 80% милисаҳо дузд ва барои кисаи сардори милиса кор мекунанд. Ин милисаҳо дар ягон ҷо хондагӣ не. Ақалан хизмат кардагӣ не. Танҳо корашон дуздию ғоратгарӣ бо либоси низомӣ. Ҳатто аз хонаҳои мардум медузданд. Ин милисаҳои ҷамоати Лоҳутӣ бо дуздон ҳамкории зич доранд. Инҳо рӯзона ҳама ҷоро давр мезананд. Молҳои дар саҳро бударо шабона мекушанд. Вақте соҳиби мол шикоят кард, барои ёфтани мол пул мегирад. Баъди чанд вақт аз куҷое,ки худашон молро куштагӣ ва гушташро фурӯхтабуданд пусташро гӯиё пайдо карда акт мекунад, тамом. Акнун худатон хулоса намоед,ки кормандони ВКД худашон молро медузданд мекушанд гушташро мефурӯшанд. Барои кофтани он моли гумшуда боз аз соҳиби он мол пул мегиранд,ки он молро мо мекобем. Тасаввур кунед як молро дубор мефурӯшанд. Ҳам ба қасобҳо ва ҳам ба соҳиби мол. Соф соҳиби мол аз нони даҳони кудаконаш маҳрум мешавад.

Муҳтарам Сарвари давлат, Пешвои муаззами милат Эмомалӣ Раҳмон! Ин нома барои шумо буд.Аз ман хафа нашавед, ки ба «Ислоҳ» навиштам. Чунки ин номаи маро газетаҳои шумо чоп намекунанд.

Ҷиргатол

Ассалому алайкум Муҳаммадиқболи Садриддин

Нома аз ноҳияи Ҷиргатол. Ман бист сол шуд дар Қирғизистон зиндагӣ дорам. Ман мохи сентябри соли ҷорӣ тавассути Узбекистон ба Тоҷикистон рафтам- хешу таборҳоро хабаргирӣ. Сарҳад расидаму кино сар шуд. Дар таможенный даҳ ҳазор соми қирғизиамро гирифтанд. Ҷиргатол расидам. Пагоҳаш се милитсия хабар ёфта омада отдел бурда боз даҳ ҳазор сомамро барои временний учет гуфта гирифтанд. Аммо аламовараш ин ки куча баромадан ва хонаи хеши табор рафтан намешавад. Хешу таборам аз меҳмонӣ омаданӣ ман метарсанд.

Дар Ватан ҳама буз, ҳама чоплус ва ҳама тарсончак шудаанд. Ба масҷид рафтан метарсанд. Дар қишлоқ ягон мошини бегона дарояд ҳама метарсанду баҷо мешаванд. Ватан-зодгоҳи ман ҷамоати Янгишаҳри Ҷиргатол аст. Мардум ба бозор рафтан метарсанд. Бозор дар дасти як нафаре бо номи  Сайнеъмон Абдусаломов будааст. Нархҳои бозор бисёр ҳам гарон аст. Дар бари ин бозор бозори Шоҳ-командир ҳаст. Мардум ба бозори Шоҳкомандир раванд аз Сайнеъмон метарсанд. Бузи Сайнеъмон Раҳмиддин Қосимов. Раҳмиддин Қосимов даҳ сол мешавад, ки раиси ҷамоати Янгишаҳр аст.

Сайнеъмон вес заминҳои қирғизҳоро заминфурушӣ мумкин нест гуфта кашида мегирифтааст. Бовар кунед қирғизи тоҷикистон хонаашро партофта кучида истодааст. Миллати ман қирғиз аст. Хоҳиш мекунам, ки ин номаи маро зудтар чоп кунед, то ба гуши мақомоти болоӣ бирасад. Дар ин ҳолу аҳволе, ки қирғизҳо дар инҷо доранд, ягон бало сар мезанад.

Бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз соли 2019 ҳама барномаҳои туро тамошо мекунам. Ҳамаи навиштаҳоятон дуруст аст.

Ман бисёр навиштанӣ ҳастам. Аммо дигарҳо фикр мекунанд қирғизҳо байни тоҷикҳо шур медозанд. Вале ин тавр нест. Дилам ҳам ба ҳаммиллатонам ва ҳам ба тоҷикҳои ҳамватанам месузад. Чунки инҳо сахт дар азоб ҳастанд.

Мо дар Қирғизистон озод ҳастем. Дар Ҷиргатол мардумро ба ғулому канизак табдил додаанд. Мардум бояд худашон худашонро наҷот диҳанд.

Турсунзода

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ман дар бораи шахсе гап мезанам, ки ҳам қаллоб асту ҳам қотил ва ба ҳама корҳои пасттарин даст дорад. Номи ин шахс Тоҳиров Убайдулло мебошад.

Вай солҳои пеш, замони шуравӣ карате тамрин мекард. Падараш муаллим буд. Мегуфтанд, ки муаллим Тоҳир шахсе оромтабиат ва инсони хуб буд. Аллоҳ раҳмату мағфираташ кунад. Ин муаллим Тоҳиров серфарзанд буд. Аммо чи хеле ки фарзандҳояш мисли худаш набаромаданд. Дар бораи ҳамаи онҳо гап занем гап бисёр мешавад. Ман дар бораи яке аз ҷинояткоронашон гап мезанам. Яъне Тоҳиров Убайдулло. Ин шахс мошенник аст.

Солҳои ҷанг, соли 1992 ба мардуми ҳамсояқишлоқ ғармитаборҳо даромада гуруҳ-гуруҳ мардони онҳоро ба адир бурда ба қатл мерасонад, бо камаз зинда-зинда бурда чапа мекунад. Он солҳо мо хурд будем. Худаш мегуфт,ки бо табар ғармиҳоро зада реза карда мекуштам гуфта мефахрид ва боз рафта зану духтаронашонро таҷовуз мекрадам. Гуё кори хуб крада бошад. Дар ҳамсоягии худаш як ғармӣ буд, ҳамсояи наздик. Ӯро чандин бор фиреб карда куштанӣ буд. Дар ниҳоят яке аз рӯзҳо бо фиреб аз хонааш бароварда бо чи ваъдае ба куҷое бурда билохира ӯро ба  қатл расонд.

Ҷои куштагиашро худаш медонад. Чанд сол пеш писари ҳамон ҳамсоя Убайдуллоро мегуяд, ки « Ака падари мана ҳавай вақт дар хона шумо бурда будед ку, бади вай падарам наомад, чокадед гуҷо шуд падарам, бо шумо рафта буд?. Убайдулло дар аввал намедонам гуфта ба кала намегирифт. Аммо оқибати кор ба кала гирифта ҷояшро гуфт- ҷои қатлу қабрашро. Лекин гуфт, ки «ман падари туя накуштам, дигарҳо куштанд. Ман хело зора кардам, ки накушанд, аммо манро гуш накарданд». Писари ҳамсоя Эшонов Зафар ном дорад. Убайдулло падари ҳамин Эшонов Зафарро ба қатл расонд.

Эй, бо фикр накунед, ки ин мактубро Эшонов Зафар навишта аст. Зафар ин дилу гурдаро  аслан надорад. Лекин ба мисли ҷабрдида пурсуҷу кунед дар бораи падараш баъд мефаҳмед, ки ин гаҳо дуруғ ё ки рост. Аммо ба мисли Шукрулло участковий пулро гирифта делоро нест накунед, зери назорат ҳастед, мебинем. Мо ин гуруҳи калони тоҷиккушонро меёбем, ё ки не вақт нишон медиҳад.

Раҳмонов ту пешвои муаззами миллат ку, ғамхори миллат ку! Канӣ исбот кун пешвогиатро.
Ин Убайдулло зиди давлати Тоҷикистон ҷанг кардааст. Бо гуруҳи Ибод Бойматов ва Маҳмуд Худойбердиев  ва яке аз боевикҳои онҳо буд. Агар пушти ин моҷароҳоро кобӣ як историяи калон хобида аст.

Соле, ки Маҳмуд Худойбердӣ аз Душанбе Регар омадагӣ буд 97 ё 98 буд. Ин Убайдулло дар даст автомат дар байни одамони Маҳмуд буд. Ҳамроҳи вай Хушбахт Назаров буд. Чунон лашкари калон буд, ки 4 соат гузаштанд бо техникаву пиёдагард. Хато накунам аз 5 ҳазор зиёд пиёдагард буданд. Аз маҳаллаи мо, яъне Зарнисор бо Мҳҳмуд Худойбердӣ зиёд буданд. Ман дутоашро дидам-Тоҳиров Убайдулло ва Назаров Хушбахт. Назаров Хушбахт ҳам ба мисли Убайдулло дар қатлу куштори бисёр тоҷикҳо даст дорад. Тоҳиров Убайдулло ду сол шуд, ки ҳаҷи умра кард. Дар шаҳри Митишии Маскави Русия бо писарҳояш чи тиҷорате дорад. Корҳояш хуб аст. Даромади хуб дорад. Дар бораи мошенникиаш гап занем хеле зиёд аст. Ин пеш ду писар дошт. Писари калониаш, вақте хурдсол буд, ҳангоми оббозӣ ғарқ ва ҳалок мешавад. Ҳамон вақт хуб дар ёд надорам, бачаҳое, ки бо писари ғарқшудаи ин буданд, он бачаҳоро хело ғам дода буд: «бачема куштетон гуфта».Милисабозиҳо карда пули зиёди падару модари онҳоро гирифт, туҳмат кард. Беҳад ҳаромхури беинсоф, ҳақимардумхур аст.

Бародар чи гуфтанӣ ҳастам? Рости гап ин гуна шахсон дар ҷамъияти мо бисёранд, ки дар қатлу куштору таҷовузу ғорат дар ҳамон солҳои ҷаг даст доштанду ҳозир калонсол шудаанд. Онҳо дар байни худ як гапҳо мегуянд, ки дар ҳайрат мезанӣ. Сиру асрори инҳоро кобиву ёбӣ амният ҳайрон мешавад.

Ҳаминро фаҳмидам, ки шахсе, ки бо тиҷорати ҳалол кор кунад, тез ин гуна пулдору бодавлат намешавад. Аз даҳони чандин инсонҳо фаҳмидам, ки инҳо дар Тоҷикистон бо доруву алафҳои маводи мухадир даст доранд. Ва ҳамин маводҳоро ба Маскав ҳам мебаранд ва онҷо савдо мекунанд.

Чи хеле, ки шумо дар барномаи №130-и «Номаҳо..» гуфтед Зоҳидов Хушназар бачаи калони амаки Хушича ин Убайдулло Тоҳирову Назаров Хушбахт ва Зоҳидов Хушназар 3 каса алаф дуд мекарданд ва боз чизи дигар монанд ба сақичи сиёҳро майда карда  бо сигарет омехта карда мекашиданд ва баъд  ранги ҷиннӣ мешуданд. Хушназар дар ин корҳо таҷрибаи бой дорад.

Давлати дунгур ту гузарондӣ! Чаро масъалаи Хушназарро надидӣ? Ту хушру мешиносӣ ин Хушназарро.

Хуб оянда номаҳои дигарро ҳам аз мо интизор бош! Мо акнун ҷой гуфтани ҳақиқатҳоро пайдо намудем ва аз он истифодаи хуб мекунем.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №184 появились сначала на ISLOH.net.

Қурбони бех Вахшро дар ваҳшат қарор додааст
(бахши аввал)

Дар Вахш чи мегузарад ва ё муносибати Қурбоналӣ Юсупови раиси ноҳия ва ҳоҷӣ Амиру ҳоҷӣ Амони бародарзанҳои Эмомалӣ Раҳмонов бо ин мардум чи гуна аст?

Раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов бо шаш бародар ва ду хоҳараш ноҳияи моро ба монополияи худ табдил кардааст. 600 гектар замини обии ноҳияро аз худ кардаву мардумро кор мефармоянд аммо моҳона ҳамагӣ 70,80 ва то100 сомонӣ медиханду  халос. Онҳо баҳонаи хубе ёфтаанд. Мегӯянд, ки чобуқ мекунед паяашро мегиред, ҳамин кофӣ аст. Он паяро танҳо дар пухтани нон дар дегдон истифода карда мешаваду тамом. Аммо барои он,ки ин паяро ҳамчун ҳезум истифода намоем дар танур нонашро ордашро чихел харидорӣ намоем аслан фикре намекунанд.

Дар ноҳияи Вахш ду бародар Тоир ва Зоир Шарифов зиндагӣ мекарданд. Зоир дар Вахш вазифаи калон дошт. Тоир бошад раиси колхоз буд. Қурбоналӣ Юсупов бошад ба инҳо камубеш хешу таборӣ дошт. Зоир Шарифов Қурбоналӣ Юсуповро ҳамроҳи худ ба кор мегирад. Қурбоналиро чанд бор зиндон мекунанд ( зиндоншуданашро чор манбаъ навиштааст вале мо чизе натавонистем пайдо намоем,ки бо кадом моддаҳо ва шакли ҷиноятҳо Қурбон Юсупов зиндон шудааст. Умедворем то омодакардани навор онро пайдо ва тақдиматон намоем)  Сабабашро намедонам. Зоир ба назди ӯ меравад. Қурбоналӣ мегӯяд, ки аз инҷо бароредам, ки сахт метарсам. Ҳозир Қурбоналиро ҳамчун Қурбоналии бех мешиносанд. Зоир Қурбони бехро озод мекунад. Аммо вай баъдтар ба инҳо хиёнат мекунад. Қурбони бех Тоир Шарифови бародари Зоирро, ки раиси воҳиди кишоварзӣ буд ба воситаи мардум ва прокуратураи генералӣ пул дода барои кадом коре, гӯиё заминфурӯшӣ муттаҳам карда аз кор озод ва дар ҷои вай раиси воҳиди кишоварзӣ-колхози Кулоб мешавад.

Қурбон Юсупов мулаққаб ба «Бех» чи гуна пулдор шуд?

Қурбони бех нахуст дар командаи Зоир Шарифов шомил мешавад ва ғоратро дар даврони бесоҳибии ҳокимият шурӯъ намуда барои худ копитал ҷамъ намуданд. Нахуст ҳама ончи дар ноҳияи Вахш бударо дуздида тарафи Балҷувон ва Сарихосор бурданд. Масалан фермаҳоро комилан якдона номанда бурданд.Баъдан ба Давлаталӣ Шарифов ки раиси вилояти Хатлон буд ва ҳоло «сардори раёсати хоҷагии ҷангали кишвар» аст ба ӯ пулу пора дода корро шурӯъ намуданд. Пас аз ончи буд пахтаҳоро ба хориҷ фурӯхтанду пулҳои калон ба дасташон омаду списат карданд,ки пахтаҳо сухтанду ин шуду он шуд. Дар асл ҳамаро худашон тороҷ карда буданд. Винозаводи Вахаш, ки дар Соднисовхози ноҳия қарор дошт ҳаминхел карданд спирту виноҳоро дақиқан бо ҳаҷми калон бударо фурӯхтанду гуфтанд ҳамаро дар ҷанг дуздида бурданд. Муҳим дақиқан бо ин шакл сармояҳои худро бо ин шакл ҷамъоварӣ намудаанд. Ҳоло бошад мардумро ғулом карда кор мефармоянд ва агар садоят баромад ту душмани миллат эълон мегардӣ ва зиндонӣ мешавӣ.

ШИКОЯТҲОИ СОКИНОНИ ВАХШ АЗ ҚУРБОНИ БЕХ

«Аммо ин Қурбоналии бех дар ягонҷо нахондааст. Ҳатто мактаби миёнаро хатм  накардааст, балки хондану навиштанро ҳам на он қадар хуб метавонад. Аз рузи аввал, ки раис шуд бародарашро ба ҷои худаш гузошт. Медонед барои чӣ? Барои онки худаш хондану навиштанро наметавонист. Дар ҳақиқат Қурбони бех савод надорад. Метавон гуфт, ки дар авлодашон одамони босавод нест. Просто корчалон аст. Маҷлисҳоро дуруст гузаронида наметавонад. Бароталии акааш, вақте раиси ноҳия буд мактаби мо меомад, аз рӯи коғаз-конспект матни баромадашро соз хонда наметавонист. Баъдан ин Бароталиро Шарбатулло Девонаев ҷояшро гирифт. Баъди он вай дар кори давлатӣ роҳ наёфт. Ҳозир корхонаи пахтатозакунӣ, коргоҳҳои сангу қум дорад.»

Вақте Қурбони бех бародарашро ба ҷои худаш овард болои мардум зулм сар шуд. Номи ин бародари Қурбони бех Раҷаб аст. Раҷаб дар деҳаи Бистсолагии Вахш зиндагӣ мекунад. Аз Худову инсоф ниҳоят дур аст. Бародарони Қурбоналӣ Юсупов заминҳои мардумро кашида гирифтаанд. Саҳмияи замини сокинони 5 -6 деҳаро комилан тасарруф кардаанд. Сокинони деҳаи Бистсолагӣ як рӯз ба по мехезанду ариза навишта талаби саҳмияҳои худро мекунанд. Ин кашокаш чанд моҳ давом мекунад аммо ягон натиҷа намедиҳад. Мардум як рӯз ҷамъ мешаванду тракторҳои онҳоро ҷуфт кардан намемонанд. Мегӯянд, ки бас аст, заминҳои моро баргардонед, мо ҳам зиндагӣ дорем, кор нест, пул нест. Медонед Қурбони бех ва Раҷаб чи ҷавоб медиҳанд?

«Мардоятонро Сурия равон кунед, дар онҷо картошка бикоранду ба шумо пул равон кунанд, шумора чиву замингирира чӣ?»

Дар онҷо милисаҳо ва кормандони амният ҳам  ҳузур доштанд вале ҳиҷ коре накарданд. Вале агар ин корро ягон одами оддӣ мекард, ҳатман дастгир мекарданду «статя» мезаданд. Дар ҳоле, ки ин заминҳоро гузаштаҳои ин мардум ободу киштбоб кардаанд. Вақте инҳо хурд буданд падарашон аз дунё гузашт. Мардуми ҳамин деҳаи Бистсолагӣ онҳоро калон карданд. Аммо инҳо қадри ин ҳама некиро намедонанд.

«Ин Юсуповҳо, чи хеле гуфтем 6 нафар бародаронанд. Қурбони бех  се ака ва ду додар дорад. Худи Қурбони бех дар деҳаи Бистсолагӣ дар масоҳати панҷ гектар замин Коллеҷи тиббӣ ва як беморхонаи калон сохтааст. Пурсида мешавад ин қадар пул аз куҷост. Яқин аст ки аз ҳисоби ғорати мардуми ноҳия. Худаш мегуфтааст, ки пораро мустақим ба президент медодааст ва барои ҳамин чи коре хоҳад мекунад.»

Бародари калониаш Бароталӣ ном дорад. Солҳои пеш дар ноҳияи Вахш раис буд. Ӯро барои гирифтани пора Оҷонсии мубориза бо коррупсия дастгир кард. Вале Қурбони бех бо додани пораи калон озодаш мекунад. Ҳозир озод мегардад.  Корхонаи пахтатозакунӣ дорад ва ҳоло дар ҷамоати Бистсолагӣ текстилкомбинат сохта истодааст.

Акаи дуввумаш Ҳайиталӣ дар деҳаи Чоруми ҷамоати Бистсолагӣ  як гаражи колхозӣ аз давраи шӯравӣ боқӣ монда буд. Ҳайиталӣ дар назди он гараж мағозаи хурдакак месозад. Аммо ҳозир он гаражро пурра аз они худ карда ва дар назди он як мағозаи калон ва манзили истиқоматии бузурге сохтааст, ки ҳамааш ғайри қонунист. Аммо ягон кас ҷуръат намекунад гап занад. Барои онки Қурбони бехи бародараш раиси ноҳия мебошад.

Як бародари дигараш ҳамин Раҷаби бадбахт аст ки дар ҳақи мардум бениҳоят зулми бисёр мекунад. Бештар аз 1000 коргарро кор мефармояд ва чуноне зикр шуд, маоши онҳо аз 70 то100 сомонӣ аст. Вале ҳар гоҳе аз телевизион барои сабт оянд пешакӣ одамҳои худашро тайёр мекунад ва онҳо бардурӯғ мегӯянд, ки маошашон на камтар аз1000 сомонӣ аст.

Як додари дигараш Раҳмоналист. Дар совхози Вахш замини зиёде дорад, ки дар он сад коргарро кор мефармояду мисли ғуломанд барояш.

Бародари хурдиаш Ғоиб ном дорад. Дар ягон ҷо кор намекунад, аммо хонаву дару мошини ӯро мебинед, фикр мекунед, ки бизнесмени калони кишвар аст. Бачааш бистсола аст. Тойота кемрии модели охирин дорад.

Яке аз ҷабру зулме, ки дар Вахш солҳост идома дорад ва дар давраи раисии Қурбоналӣ Юсупов бештар шудааст муаллимонро маҷбуран ба газетаҳо обуна кардан аст. Аз ҳар   муаллим барои обуна ба нашрияҳо 300 сомонӣ талаб мекунанд. Омӯзгорон ҳамин тавр маҷбуранд аз маоши бе он ҳам ночизи худ 100 сомонӣ барои қарзи китобҳои дарсӣ пардохт кунанд. Ин омӯзгорон мепурсанд, ки аз даҳони онҳо кашида гирифтани луқмаи фарзандони муаллимон магар аз кисабурӣ чӣ фарқ дорад?

«Қурбоналӣ Юсупов зодаи ноҳияи Вахш, ҷамоати деҳоти 20-солагии истиқлолияти Ҷумҳури Тоҷикистон мебошад. Вай дар соли 1968 ба дунё омадааст.»

Ҷавони шуҷоъу нотарс ва дар миёни ҳамсолонаш соҳибэҳтиром ҳам буд. Вале ҳануз дар сини ҷавони сутуни хонадонашон аз дунё гузашт ва бори масъулияти зиндагӣ ба души Қурбоналӣ ва бародараш Бароталӣ афтод. Шояд далели бесавод монданашон ҳам дар ҳамин бошад. Чи гунае, ки ҳамсолонашон мегуянд Қурбоналӣ ва бародаронашон бештари даврони ҷавонияшонро дар пахтачинӣ мегузарониданд. Баъдан Бароталии бародараш дар колхози собиқи «Москва»  дар замони Иттиҳоди Шуравӣ ронандаи бензовоз буд. Дар он замон ҳеҷ кадри босавод дар чунин коре кор намекард. Яъне бо ҳамингуна корҳои дур аз идоракуниву роҳбарӣ бо бародаронаш кор мекарданд. Дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ шуруъ шуд. Мутаассифона н.Вахш яке аз ноҳияҳои оғози ҷанг буд. Чун дар ин минтақа мардуми аз водии Қаротегин омада аксарияти аҳолӣ буданд. Онҳоро вовчик ва мардуми аз минтақаи Кулоб омадаро юрчик ном доданд.

Бо гарм шудани майдони ҷанг мардуми Қаротегини (вовчикҳо) гуреза гаштанд ва ҳама дороии  худро гузоштаву рафтанд, қисме ба Афғонистону қисме ба навоҳии Рашт. Онҳо  мардуми хеле захира кардагӣ буданд. Бародарон Юусуповҳо хеле касби ғанимат карданд. Чун дар тарафи муқобил (юрчикҳо) қарор доштанд. Бо ором гаштани вазъ мардум аз ҳиҷрат бозгаштанд ва ҷуз хонаҳои сухта ва ба харобазор табдилшуда чизе наёфтанд. Вале Юсуповҳо дигар мисли пештара набуданд. Онҳо барои ба даст гирифтани роҳбарии колхоз талош мекарданд. Вале осон набуд, чун роҳбар як шахси бообру дар сатҳи ҷумҳурӣ бо номи Зойир Шарипов буд ва осон набуд ӯро аз сари роҳ дур кардан. Зойир бо мардуми қаротегинӣ ҳеҷ мушкиле надошт, балки робитаҳои дустии зиёд бо ғармиҳо дошт ва дар якҷоягӣ бо мардуми ҳарду тараф корҳои хоҷагиро пеш мебурд. Барои мардум, ки ҳамон вақтҳо зиндагиашонро бо душворӣ   пеш мебурданд замин барои кишт ҷудо мекард, то ба по хезанд. Вале ӯ ҳам на ҳамаи ҳақи мардумро ба онҳо медод. Зоир Шарипов аз Сари Хосор аст. Вай рафиқи наздики Раҳмонов буд. Дар рӯзи мурдааш Раҳмонов ба Вахш омад. Як вақт Раҳмонов Сари хосор меравад. Як дачаи Зоир Шарифов ба вай писанд меояд. Зоир Шарифов ҳамон дачаро ба Раҳмонов туҳфа мекунад. Раҳмонов мегуяд, ки то ман зиндаам бачаҳоятро нигоҳ мекунам. Барои ҳамин бачаҳои Зоир аз пушти Раҳмонов сахт такаббур мекунанд. Зоир панҷ фарзанд дошт. Яке аз онҳо бо ҳамроҳиТаҳминаи духтари Раҳмонов аст. Номаш Қурбоналӣ. Якеи дигараш, аз ҳама хурдӣ Санчо лақаб дорад. Хеле ҳам беадаб ва бадахлоқ аст. Ҳамеша мошинашро пиён меронад ГАИҳо мебинанду аммо худро аз вай якнима мегиранд, метарсанд, баҷо мешаванд. Ҳатто бо суду прокурор ҳам бо алфози қабеҳ суҳбат мекунад. Як ҳамдеҳаи моро дар дохили хонаи худаш таҷовуз кард. Аз назди он духтар баромаду омда ба назди бародари вай ва кори кардаашро ба вай нақл кард: «ма,хоҳарта..кардам».Як нафари дигарро ҳам омаду аз назди бародараш бардошту бурд. Бечора лом гуфта натавонист. Инро ягон гап занӣ мекушадат. На дастгираш мекунанду на маҳкам. Шахсан ба кормандони милиса гуфтам, ки чаро ин ҳама таҳқиратон мекунад, чизе намекунед. Шуморо «чмо» кардааст, чи хеле бихоҳад, чизе мегуяд, кардан мегирад. Он кормандони милиса гуфтанд, ки мо ҳам ба ҷон расидаем. Ҳозир дар шӯъба фақат ҷиноятҳои ҳамин авлод дело шуда истодааст. Як хона пури делои ҳаминҳост. Хуллас, ҳаррӯз ҷамъ шуда истодааст, бетанаффус. Гуфт мо ҳам Раҳмоновро нигоҳ дорем. Ҳар вақте гум шуд мо ин авлодро ба дасти қонқн месупорем.

Қурбоналӣ инсони бисёр дилсиёҳ ҳаст. Чун шатаҳои дар ҷавонӣ аз ҳамсолон ва рафиқонаш хурдаро то ҳол фаромӯш накарда аст. Мусаллам аст ки ҳар мардбача дар замони наврасиву ҷавонӣ ҷангу занозанӣ мекунад, вале чун ба камол мерасад, иштибоҳҳои наврасиро фаромӯш карда думболи қасос намешавад. Вале Қурбоналӣ борҳо бо як ҳамсолаш, ки айни ҳол додарарусаш мебошад, ҷанг кардаву ба ҳар навъе шата хурда дигар роҳи ғиромбозиро пеш гирифта бо хоҳари вай робитаи ошиқона пайдо мекунад. Баъдан маъшуқаашро ба хотири обрурезии оила ва бародаронаш гирифта мегурезад ба ноҳияи Ховалинг. Оилаи духтар дигар роҳи чораро танҳо дар туй кардани онҳо ва дар никоҳи исломӣ диданд ва Қурбоналиро фишор оварданд ва онҳоро бо ҳам хонадор карданд. Вале Қурбоналӣ, ки аз ҳамон аввал бо таассубу душманӣ шуруъ карда буд, то имрӯз, ки соҳиби чанд духтару писар ва набера ҳам шудааст, зиндагии бо хушунату бо ҷиноят дорад пеш мебарад ва фарзандонашро ҳам дар оташи хушунаташ дорад месузонад.3 0 сол бештар мешавад, ки Қурбоналӣ бо ҳамсари бо роҳи шармсорӣ ва берун аз марзи ъиффату покдоманӣ, бо зери по кардани қавонини динӣ ва расму русуми миллӣ ба занӣ гирифтааш наметавонад фазои оилавиашро барои худ ва ҳамсару фарзандонаш мусойид созад. Як овозаи лату куби ҳамсараш аз ҳофизаи мардум пок нашуда овозаи дигар паҳн мешавад ва ҳамсараш, ки синаш ба ҷойе расидааст ба хонаи волидону наздиконаш қаҳр карда меояду боз фарзандонаш ӯро ба хонааш мебаранд ва тибқи хабарҳои ахир Қурбоналӣ таҳдидаш кардааст, ки ӯро ба қатл мерасонад ва ин барояш ҳеҷ мушкилӣ надорад, касе пеши роҳашро гирифта наметавонад.

«Ногуфта намонад, ки аз болои ҳамсари аввалаш зани дуюм гирифта ҳатто тарбияи фарзандонашро ба зани дуюмаш во гузошта буд. Чун ӯ фарзанддор намешавад,  фарзандонаш аз тарбияи модарашон бештари вақт маҳрум буданд ва зани дуюмаш онҳоро  ба худ моил месохт ва то андозае муваффақ шуд. Писари калонии Қурбоналӣ, ки Нурмуҳаммад ном дорад мутавалиди 1996 ҳаст. Вай якчанд вақт дар Олмон таҳсил мекард, вале мисли падараш бисёр пойбанди зинову фаҳшо гашт. Ӯро падараш аз Аврупо оварда ба Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар риштаи ҳуқуқшиносӣ дохил кард. Вале пулу пора ба донишгоҳ мерафту гӯйё мехонду ин бойбача бошад ба дискоклубҳо. Анвои шиканҷаро нисбати писараш раво дид вале пеши роҳашро гирифта натавонист. Мутаассифона духтаронаш ҳам дар фаҳшову бебанду борӣ аз писараш камӣ надоранд.»

Чун бузургон беҷиҳат гуфтаанд:

Макун бад ба фарзанди мардум нигоҳ,

Ки фарзанди хешат барояд табоҳ.

Қурбоналӣ бошад фикри инро накарда, ки ҳама иштибоҳоти худаш ҳаст, ки фарзандонаш чунину чунонанд, балки ба ҳамсараш фишор меораду таҳқир мекунад, ки «ту ва авлодат ҳаром ҳастед ва фарзандони ман мутаассифона ба хуни шумо махлут шуданд». Ӯ ба ин натиҷа расид, ки бо роҳи фишор писарашро оиладор кунад ва кард. Аммо боз ҳам мурод ҳосил нашуд. Ӯро дар прокуратураи н.Кушониён, дақиқ намедонем дар кадом вазифа ба кор гузошт. Ҳоло ин писари Қурбоналӣ дар Бохтар муфаттиши додситонӣ аст. Аз рафиқони Исмоили набераи Раҳмонов мебошад. Вале ҳоли писараш бадтар шуду беҳтар не. Дигар на ёди завҷааш мекунаду на ёди падараш ва чанде пеш овоза паҳн шуда буд, ки падару писар аз ҳамдигар рӯ тофтанд. Дар ин бора ҳарф зиёд аст, вале баъдан муфассалтар ба ҷузъиёт боз хоҳем гашт. Қурбоналии бех аз зани якумаш чор духтару ду писар дорад.

Тибқи маълумоте, ки мо дорем Қурбоналии бех дар соли 2019 чандин харҷу масорифи мусофиратҳои Эмомалӣ Раҳмоновро пардохт кардааст. Аз ҷумла ба самолёт ва чархболҳои ӯ маводди сӯхт мерехт.  Шоҳидони айни ба «Ислоҳ» гуфтанд: «дар яке аз сафарҳои Раҳмонов ба ноҳияи Вахш дидем Қурбоналӣ Юсупов ба сардори муҳофизони Раҳмонов 200 ҳазор долларро дод» Бароталии бародари ӯ, ки пештар раиси ноҳияи Вахш буд бо Шарбатулло Девонаев, ки баъди ӯ ба ин мақом омад, дар мухолифат қарор доштанд. Шарбатулло аз рӯи принсип аз дасти Бароталии акаи Қурбоналии бех вазифаи раисии ноҳияро мегирад. Баъд ин Бароталӣ ҳам ба принсип меравад ва барқасд аз дасти Шарбатулло Девонаев ин мақомро боз пас мегирад. Шарбатулло ҳоло дар Восеъ раис аст.

«Қурбоналии бех ҷияни «родной»-и худашро ба ҳайси ронандаи шахсиаш ба кор гирифтааст. Абдувалӣ сардухтури ноҳияи Вахш бо бародари калонии Қурбони бех қудову андаанд. Ин ду нафар ҷияни ронандааш ва Абдувалии қудояш дар гирифтани пораву миёнаравии байни корафтодаҳо бо раис Қурбоналии бех ҳамшариканд. Қазияи Абдувалӣ расонаӣ шуда буд вале ҳанӯзам чизеаш нашуд ва озодана кору фаолият дорад, чун қудо аст дигар.»

Юсупов Қурбоналӣ бо лақаби Қурбони бех машҳур аст. Бо ҳоҷӣ Амир ва ҳоҷӣ Амон ҳатман, ки робита дорад. Аммо бо Зоири домоди Раҳмонов дар аввалҳо соз набуд. Дар масъалаи тендери замин барои сохтмони беморхонаи Вахш бо ҳоҷӣ Нуралӣ гапҳояшон мегурезад. Ин ҳоҷӣ Нуралӣ саги Зоир ва Ҳасан мебошад. Махсусан дар ВКД бисёр масъалаҳоро ҳамин ҳоҷӣ Нуралӣ ба воситаи Зоир буд мекунад. Ҳоҷӣ Нуралӣ-Нуралӣ Ризоев ном дорад. Ин одам то чанд вақти пеш дар Вахш сахт маъруфият дошт. Метавон гуфт, ки Вахшро назорат мекард. Солҳои пеш ҳоҷӣ Нуралӣ ва Қурбони бех бо ҳам часпондагӣ буданд. Аммо баъдтар аз пушти замине дар кадом деҳа ва ҳамин тендери сохтмони беморхона бо ҳам баҳс мекунанд. Ҳоҷӣ Нуралӣ, ки худашро одами Зоири домоди Раҳмонову Қурбони бех худро одами Раҳмонов мегиранд. аз ҳамин хотир фахр карда мегаштанд. Ҳоҷӣ Нуралӣ рост меравад ва моҷароро ба Зоир мегуяд. Мегуяд, ки Қурбони бех Зоирро аслан писанд намекунад. Баъд Зоир Қурбонро тавре мефаҳмонад, ки «ӯ Пешвои ту проста я сурат, алафта пас бчарки мекашемта». Хулоса, Қурбони бехро як мекашаду сар медиҳад. Ин Нуралӣ Ризоев як замон дар ширкати «Барқи тоҷик» муовин ҳам буд. Тендерҳои калонро аксари вақт дар Вахш ва дигар ноҳияҳо ӯ мегирифт.

Қурбони бех орзуи сафир шудан дар Олмонро дорад

Мегуянд, ки ҳар вақте Қурбоналии бех назди Раҳмонов меояд бидуни кофтуков ба наздаш медарояд. Аз «любимчикҳо»-и Раҳмонов аст. Қурбоналӣ бисёр мехостааст, ки дар Олмон сафири Тоҷикистон бошад. Пешво мегуяд, ки барои онҷоро гирифтан меҳнат кардан даркор. Мепурсад, ки чи кор кунам? Мегуяд, ки рафта ноҳияатро обод кун. Ман меоям қабул мекунам, баъд сафирии Олмонро медиҳам. Қурбони бех меояд Вахш ва мегуяд, ки бо як миллион ноҳияро аз ҳисоби худам обод мекунам. Баъд дар роҳи марказии Вахш чорто светофор месозад. Вақте омад аввал Қурбони якмиллиона лақаб доданд. Баъди светофоргузорӣ Қурбони светофораш гуфтанд. Баъд дигар ин лақабҳоро раҳо мекунанду мегуянд,ки ҳамон «кличка»-и аввалаш хуб аст:  «Қурбони бех».Вале ободкорӣ мекунад. Ҳам аз пули халқ ҳам аз пули давлат. Мегуяд аз пули худам, аммо маълум аст ки дурӯғ мегуяд. Хуллас, Пешворо моҳи октябри соли 2020 фарёд мекунад. Меояд ноҳия. Дар ноҳия дуто баландошёна ҳаст. Пешво аз пеши онҳо мегузарад. Ин биноҳо чортабақа ва барбабаранд. Дар вақти убури Пешво яктоаш метобад, дигариаш нимаш метобад. Аммо ба ҷои онки ҳардуяшро омода созад якеашро нимкора оҳак мекунанд. Дигариашро тамоман даст намезананд. Барои онки дуввумиро нимаш метофт. Агар ҳамааш метофтааст, баъд мекардаанд. Мақсад аз ин кор ин аст ки ба Пешво ҳисобот диҳад, ки бино обод шудааст. Аммо ин тавр набуд. Ҳатто дару тирезаҳо аз оҳак пок нашуда буданд. Ҳатто зери таҳхонаро семент накард. Плакатҳои калонеро бо ҳар гуна навиштаҷот ба трубаҳои қади роҳ кашол карданд. Аммо он трубаҳо ва сутунҳоро танҳо қисмати намоёнашро краска карданд. Пушти онҳо солҳост, ки зангбастагӣ буд, ҳамон тавр монданд. Азбаски пояҳои ин сутунҳо менамуд, фақат ҳамонҷояшро ранг заданд. Агар қафои ин плакатҳоро медиданд…ранги ужас..

Мағозаеро дар он роҳ мардум месохтанд. Як нафар бо номи Муҳиб, ин ҳам хешу табори Пешво, аммо Муҳиби додарарӯсаш не, ин дигар Муҳиб-бачаи тағоияш ё кадом хеши дигараш, мағозаро аз дасти мардум мегирад. Муҳиб мағозаро аз дасти мардум мегираду мардумро «иди н…й.» мегуяд: «брен лубойҷода жалб кнен».Пешво меояд лентабурӣ. Пеш аз омадани вай китоби маҳшарро аз ҳар куҷо меоранду онро пури китоб мекунанд. Аз ҷумла китобҳои Пешворо ҳам ҷилд ҷилд рах мезаннад. Лентаро мебураду меравад. Аммо худи пагоҳ Муҳиб меояд ҳамаи китобҳоро дангала мекунад, аз ҷумла китобҳои Пешворо ҳам. Мегӯяд, ки «ма иҷада млион расход кадагийм, задагийм и китобои шмора бгирен идина..уй шен,иҷара ҷазир накнен». Аммо то ҳозир ин бинои мағоза бекор хоб аст. Яъне Пешво на дар назди авлодаш қадр дорад на дар назди Қурбоналии бех.

Як деҳа аст Душанбе-2 номдорад. Соли гузашта онҷоро сел шуст. Ба он мардум гуфтанд, ки ҳамаашро дуруст ва барқарор мекунем. Давлат шуморо нигоҳубин мекунад. Аммо халқро фанд карданд. Хонаҳои харобшударо аз ҳисоби маоши худи халқ мекунанд. Ними дигарашро аз ҳисоби халқ ҷамъ мекунанд. Тамоми Вахшро хона ба хона мегарданд мегӯянд, ки пушоки зиёдати бачаҳоятонро ё ягон либосҳоятонро бидиҳед ба мардуми селзада барем. Табақ коса ва аз ҳамин қабил зарфу ашёи рӯзгор. Коргарони ҷамоат тамоми Вахшро ҷамъ карда бурда доданд. Аммо пули ҷудокардаи давлатро худашон гирифтанд. Хулоса он хонаҳоро ҳашари халқ обод кард вале пулҳои кумаккардаро дуздиданд.

Қурбоналии бех дар бари шуъбаи маориф як панҷошёна сохт. Бояд ба мардум аз рӯи ҳар як квадрат мефурӯхт. Аммо нархаш бисёр баланд. Касе харидор намешавад. Шароиташ ҳам безеб. Як устое, ки дар он бино кор мекард, ҳар нисфирӯзӣ барои чошт хонааш меомад. Якеи диграш як ҷураам буд. Гуфтам чаро онҷо хурок намехуред? Гуфт, ки ягон хуроки хуб намедиҳад: «соф макаронои срокгзаштара медиҳад».

Қурбоналии бех бо Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ҷураи сахт аст. Қурбони бех як Лендкрузери200 сияҳи нав дошт. Худаш ҳай мекард. Ба раиси вилоят маъқул мешавад. Мошинро ба вай «подарка» мекунад. Худаш ҳозир ба ҳамин гуна мошин мегардад, аммо куҳна аст.

Ин Қурбони бех худаш соҳибкор аст. Якунимҳазор гектар замин, се корхонаи коркарди пахта ва рамаҳои гусфанду фермаи гов дорад. Вай асосан талабгори сафирӣ дар Олмон мебошад. Ин тавр овоза ҳам ҳаст, ки барои вай ин вазифаро ҳамчун одами пулдор дода бошанд.

Дар назди хонааш як коллеҷи замонавӣ дорад. Мегуянд,ки дар ҳафт миллион доллар сохтааст. Донишҷуҳояшро дар коллеҷ аслан бо телефон роҳ намедиҳад. Донишҷуҳояшро Газели махсус то Коллеҷ меовараду мебарад.

Мардуми ноҳияи Вахш на танҳо зери бори зулму ситами Қурбоналӣ Юсупов ва бародарони вай ҳамчунин аз пушти ҳоҷӣ Амон ва ҳоҷӣ Амируллои додарарӯсҳои раиси Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба дод омадаанд ва дар ташвишу изтиробанд. Инҷо танҳо як намунаеро дар мисоли «одамҳо»-и ин хусурбачаҳои президент зикр мекунем.

Қазияи дигаре дар Вахш,ки шикоятҳо аз он зиёданд

Сафаров Сайфиддин Давлатохоҷаевич сокини ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Вахш, соли тавалудаш 1975 аст. Номбурда директори «Собирсам» як ширкати сохтмонӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мебошад. Ӯ як хизматгори ҳоҷӣ Амон ва ҳоҷӣ Амрулло хусурбачаҳои президент Эмомалӣ Раҳмонов мебошад, вале аз номи онҳо бисёр болои мардум зулму ситам мекунад. Мардуми Вахш аз зулми вай ба дод омадаанд. Сайфиддин 5-то зан дорад. Аз пули мардуми мазлуми Вахш дар шаҳри Бохтар барои худ заправкае харидааст, ки ин бензинфурӯшӣ «Фирдавс» ном дорад.

Додари Сайфиддин Тоҷиддин (Сафаров) раиси ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Вахш мебошад. Номбурда зиёда аз 50 оилаи ҷамоати мазкурро бо ваъдаи он ки барои бунёди манзили истиқоматӣ замин медиҳад фриеб дода пулҳои онҳоро гирифт. Аммо ҳоло на замин медиҳад ва на пулҳояшонро бармегардонад.

Тоҷиддин дар ҳолати сархушӣ як пиёдагардро дар шаҳри Бохтар бо мошин зада мекушад, ва ҷойи онки узр пурсаду ба гӯру кафани он кумак кунад боз соҳибони майитро таҳдид мекунад, ки «куҷое арз меравед, рафтан гиред, ман одами Ҳоҷӣ Амон ҳастам, касе манро коре карда наметонад».Ин бечораҳои ҷабрдида даъво фоида надорад гуфта хомӯш гаштанд.

Худи Сайфиддин ҳам ду маротиба дар ҳолати мастӣ дар сари чамбараки мошин ба садамаи автомобилӣ дучор шуда ҳарду бор ҳам як нафариро зада куштааст. Аммо барои ин   алайҳаш ҳатто парванда ҳам оғоз накарданд. Аввалаш одамҳои хусурбачи Пешво аст ва баъдан пул доранд, мақомотҳоро сум дода мегарданд.

Бародари дигари Сайфиддин бо номи Сафаров Файзиддин судяи ноҳияи Шаҳритуз мебошад. Дар рӯзи равшан дар маркази шаҳри Бохтар одамро бо мошин зада кушт. Касе аз тарси онки вай одами хусурбачаҳои Эмомалӣ Раҳмонов аст даъво карда натавонист ва то ҳол дар ҳамон мансабаш кор мекунад. Ин бародарон 200 гектар замини хоҷагии ҷамоати Рудакии ноҳияи Вахшро ғасб намудаанд.

Кори ин оила заминфурушӣ, зинокорӣ, майнушӣ, куштори одамон дар ҳолатҳои мастӣ, таҳдиди сокинони Вахш ва суиистифода аз мансабҳои худу хусурбачаҳои президент Эмомалӣ Раҳмонов мебошад.

Падарашон Давлатхоҷа собиқ раиси колхози собиқи Ленингради ноҳияи Вахш, як золими дигар буд, ки соли гузашта вафот кард.

Сайфиддин аз ҳисоби заминфурушӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ дар ноҳияи Вахш дар шаҳри Бохтар ваДушанбе соҳиби 5хонаи қасрмонанд шудааст. Инчунин аз Душанбе то Бохтар дар7-ҷо хонаҳои сексия харидорӣ намудааст. Сайфиддин ҳамеша пиён мегардад. Кадоме аз нозирони Бозрасии давлатии автомобилӣ агар дар роҳ мошини ӯро манъ кунад, он корманди БДА-ро ту одами Ҳоҷӣ Амон ва Ҳоҷӣ Амирро манъ кардӣ гуфта тавре корро тоб медиҳад, ки он корманди БДА ҳатто аз вазифа барканор мешавад.

Хулоса, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Сафаровҳо ҳеҷ аст. Тамоми амалҳои ғайриқонуниро анҷом медиҳанд ва боз ошкоро мегӯянд,ки «мо одамони Ҳоҷӣ Амон ва Ҳоҷӣ Амир, ҳамон Амонулло ва Амируллои хусурбачаҳои Раҳмонов ҳастем, касе моро чизе гуфта наметавонад».

Ростӣ, мо мардум аз зулму ситам ва фишору таҳдидҳои оилаи Сафаровҳо хаста шудаем. Аз ин лиҳоз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем ин ташвишу нигарониҳои моро тариқи сомонаи «Ислоҳ. нет» ва «Ислоҳ.ТВ» нашру пахш намоед то Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов ва наздикони эшон, ба хусус Ҳоҷӣ Амон ва Ҳоҷӣ Амрулло донанд, ки бо суиистифода аз номи эшон Сафаровҳо чи қадар зулму ситам ва бедодгарӣ ба халқи ноҳияи Вахш карда истодаанд. Ва инчунин аз мақомоти давлатӣ хоҳиш менамоем, ки чораҳои қонунӣ нисбати нафарони фавқуззикр биандешанд.

Боз ҳам шикоятҳои сокинон аз Қурбони Бех

Қурбоналӣ Юсупов, раиси ноҳияи Вахш дар мактаби №35и ноҳия деҳаи Янгиобод-Замини нави имрӯза хондааст. Агар дар ягон донишгоҳ ғоибона, он ҳам баъди ҷангҳо хонда бошад мумкин вале солҳову замони донишҷӯияшро касе ёд надорад. Солҳои шуравӣ як жигулии 06 дошт. Зан дошт. Бар болои он занаш як муаллимаи руси забони немисиро дуюм зан карда буд. Хонаи онҳо дар Янгиобод-Замини нави имрӯза дар пеши дуто ферма ҷойгир буд. Як фермаи хук ва як фермаи мурғ. Падараш қаравули фермаи хук буд. Онҳо ҳақиқатн ҳам одамҳои камбағал буданд. То ҷанг зиндагии хуб надоштанд. Аммо дар давраи ҷанг чи шуду чи монд, ки инҳо дигар мисли пешина набуданд. Пеш аз раиси ноҳия шудан раиси колхози Кулоб буд. То ӯ дар ин колхоз раис Тоир Шарифов буд.Тоирро барои заминфурӯшӣ муттаҳам карда аз кор гирифтанд ва Қурбоналии бех омад. Баъди ҷанг доранда шуданд. Ҳамин фермаи хук ва фермаи мурғро даврабадавра тасарруф ва заминҳои колхозиро ҳам гирифтанд. Амволи колхоз: гаражи тракторҳо, гаражи мошинҳо ,складҳо, хуллас ҳамаро гирифтанд. Чанд гектар замини складро ба хешу таборҳои худаш тақсим карда дод.

Мактаби миёнаи №10 дуто бино дошт. Дар як бино синфҳои ибтидоӣ- то синфи чор, бинои дуввумӣ аз синфи чор то даҳ. Бинои синфҳои ибтидоиро дар вақташ немисҳо сохта буданд. Бисёр бинои хуб буд. Ҳамон биноро, ки замини васеъ дошт амдан оташ зада онро хароб карда заминҳои онро ҳам ба хешу табори худаш фурӯхт.

Селхезиҳои рӯзҳои охир дар Вахш ва муносибати Қурбон бо сокинон

Дар охир бо ин хабар матлабро ба анҷом мерасонем. Қурбоналии бех ба ҳолу аҳволи мардум, бахусус онҳое, ки аз офатҳои табиӣ хисороти зиёд мебинанд тамоман таваҷҷуҳ намекунад. Сокинони деҳаи Лолазори ҷамоати Машъал инак тақрибан ду ҳафта бештар аст (рӯзи 4 май сел омад) бидуни пули иртиботӣ монда аз тамоми дунё канда шудаанд. Онҳо ин пулро худашон сохта буданд, чун ҳукумати маҳаллӣ ҳамин Қурбоналии бех аслан ба онҳо эътибор намедиҳад. Дар инҷо 200 хонавода зиндагӣ мекунад. Аҳолии ин деҳа асосан аз узбектаборонанд. Агар пули ин мардум дуруст нашавад оби ошомиданӣ ҳам нахоҳанд дошт. Солҳост чунин аҳвол доранд. Ягон бор нашудааст ки МЧС ё ҳукумати ноҳия кумак карда бошад. Мардум бо пули хулашон пулу роҳро дуруст мекунанд. Гуфтаанд,ки Қурбони Бех гуфтааст: “ монен Узбако ҳамуҷада банд монанд ҷошон созаи ва хандидааст.”

Соли гузашта ҳам дар рӯзи 11 май дар Вахш сел омад. Сел ҷони як зани 70 соларо гирифт. Вай сокини деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш буд, ки шаби11май бар асари сел ба марг расид. Мақомот барои аҳолии ноҳия 30 адад хайма дод вале баъдан онҳоро боз пас гирифтанд.

Ин аст сатҳи муносибати Қурбоналии бех бо сокинони Вахш.

Ps: Чуноне мутолиа намудед хонандаи гиромӣ инҷо беш аз 11 нома аст,ки мо онро дар як матлаб ҷой додаем. Гоҳо бархе суханҳо такрорӣ омадааст. Ин ҳама навиштаҳои шикоятии сокинони Вахш аст. Ҳоло чунин шукоятҳо аз Вахш дар Ислоҳ хело мондааст,ки ҳамаашро дар як матлаб наметавонем ҷой диҳем. Муҳим интизори тағйири вазъ дар Вахш мебошем. Агар Қурбони бех ислоҳ нашуд ва вазъро тағйир надод боз матолиби дигари ҷолибтаре тақдим хоҳем кард. Матолиби дигари мо аз ҷиноятҳои иқтисодӣ аст,ки бо нашри он вазъи Қурбони бех бехи хароб мешавад. Мо гуфтем ва Қурбон ҳам шунид!

Сообщение Қурбони бех Вахшро дар ваҳшат қарор додааст появились сначала на ISLOH.net.

Панҷаи шуми “оила” бар Панҷ сояафкандааст
Аввалин муроҷиати панҷиҳо ба «Ислоҳ.нет»

(бахши аввал)

Бародари арҷманд, Муҳаммадиқбол! Ман аз ноҳияи Панҷ ва аз дохили ватан ба шумо ин номаро менависам. Барномаҳои шуморо аз соли 2019 тамошо мекардам. Вале аз ба шумо занг задан ё навиштан истиҳола мекардам. Аммо вақте  барномаҳои 82-83-юми шуморо тамошо кардам, ман дигар натавонистам боз ҳам сабр кунам,тарсро канор гузоштаму ба навиштан шурӯъ намудам. Ва, инак аз Панҷ бароятон менависам:

Шурӯъ  мекунем аз  қумондон Ҳаким Қаландаров

Дар ҷ/д Нури Ваҳдат, дар деҳаи Ҳалқаёр. Дар инҷо маркази омӯзишии марзбонҳо (учебний сентр) амал мекунад. Марз бо Афғонистонро нигоҳ мекунад . Ҳаким  дар инҷо як заводи сангмайдакунӣ (шебен)дорад. Сангро аз дарёи Панҷ мегирад ва бо Камазҳояш меорад, симхори сарҳадро бурида аст. Дар он ҷо ду сарбоз шабонарузӣ бо навбат  нигоҳубин мекунанд. Ҳамаи коргарҳои заводи шебени Ҳаким  сарбозони ҳамин «учебний сентр» мебошанд.

Бо командири онҳо шартнома кардагӣ аст. Барои ин сарбозҳо фақат хурданӣ медиҳаду тамом. Кори дигаре , ки Ҳаким- қумандон мекунад, ин яқин ҷиноят аст, дар дарёи Панҷ, аз сарҳади Фархор то Қумсангир моҳиҳои дарёро бо қувваи барқ мекушад. Моҳиҳои калонашро гирифта майдаҳояшро намегирад, дар об мераванд. Ҳукумат,  амният, милиса ва прокурорро  харидааст. Дар пеши заводаш як ҷойи нишаст бо фаввора сохтагӣ аст. Ҳамаи мақомотро мебарад меҳмондориашон мекунад ва барои роҳбаронашон моҳӣ пора медиҳад. Ҳаким як мошини Прадои сиёҳ дорад. Бо суръати баланд онро меронад. Вақте ба тарафи заводаш меравад аз дохили деҳаи Вахиё мегузарад. Мардум маънаш мекунанд ва мегӯянд, ки  оҳиста рон, дар кӯча кудакҳоҳастанд. Аз мошин мефарояду  мардҳои калонсолро ҳақорату дашном медиҳад. Боз чангу хоки кӯчаро ба фалак бароварда ба роҳаш идома медиҳад. Шишаҳои мошинаш сиёҳ кардагӣ аммо ҳуҷҷат онро  ҳам надорад. Ягон ГАИ  ӯро манъ намекунад. ГАИҳои Панҷ аз ҳама ГАИҳои дигар ҷойҳо дида мурдахуртаранд. «Ставка»-и пасти пасташон 20сомонӣ. Аввалҳо як сумкаи қоғазӣ буд. Ҳоло ҳар бегоҳ як линча як линча пул мебаранд.

» Заводи пахтаи Панҷ аз Ҳасан-компанӣ аст. Раиси он Ҳамза ном дошт. Ҳамза аз деҳаи Партсъезди ҷ/д Заргари ноҳияи Бохтар аст. Вақте мавсими пахтачинӣ сар мешавад пости Панҷро барқарор мекунанд. Дар 18 гардиши бо ноҳияи Фархор  набояд ягон мошини пахта берун барояд.»

Агар қапиданд рост завод мебаранд, тоҳатто пули пахтаашро намедиҳанд. Як Участкаи 50-солагии Тоҷикистон буд, ки онро номгардон карда Эмомалӣ Раҳмон ном карданд. Онҷо узбекҳо зиндагӣ мекунанд, бечораҳо на ҳол доранд на рӯз. Онҳоро он қадар азобе медиҳанд, ки то бас гуфтан. Заминҳои юнучқаашонро чапагардон карда пахта корониданд. Мисли солҳои шӯравӣ. Ранги ғулом кор мефармоянд. Дар мавсими пахта раиси завод фармон медиҳад. Кормандони Идораи  сухторхомушкунӣ  тамоми ноҳияра хона ба хона мегарданд, ба баҳонаи онки дар зиддисухтор омода ҳастанд ё не? Агар дар хонаҳои мардум пахтаи насупорида ёфтанд тамом. Ҷарима мекунанд, пахтаашонро мусодира мекунанд, пул намедиҳанд. Ҳатто агар он одам нақшаи супориданро иҷро карда бошад ҳам фарқ надорад. Ё агар бисёр одамигарӣ карданд бо он нархи чанд баробар кам худашон мехаранд.

Чуноне дар Сомонаи “Бомдод” дар мавриди ин қазия омадааст:

Чанд рӯз боз даҳҳо сокинони норозӣ дар ноҳияи Панҷ бо шикоят дар назди дари нозироти андози ноҳяи вилояти Хатлон ҷамъ мешаванд. Чуноне омадааст дар хабар. Ин сокинон танҳо баъди аз онҳо талаби супоридани андоз кардани кормандони нозироти андоз хабар ёфтанд,ки мақомоти маҳаллӣ ба хотири иҷрои нақшаи солона тавассути хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаи пахтаи ҶДММ “Зам-Зам” бо номи ҳар кадоми онҳо аз 500 кило,то 4 тонна пахта навиштаанд.Бархе аз сокинон имсол дар заминҳои худ аслан пахта накиштаанд ва бархеи дигар мегӯянд,ҳосили пахтаи худро ҳанӯз насупоридаанд ва ҳосилашон низ баробари он рақаме нест,ки мақомот дар ҳисоботи худ навиштаанд ва ҳоло мақомот андоз бар асоси ин ҳосиле,ки фақат дар рӯи қоғаз вуҷуд дорад,аз онҳо талаби супурдани андоз доранд.

Бубинед зулм то куҷо расидааст: Дар нозироти андоз ба деҳқонон гуфтаанд,ки бар асоси санадҳое,ки дастрас кардаанд, онҳо бояд барои ҳар тоннаи пахтае,ки ба номашон навишта шудааст, 225 сомонӣ андоз супоранд.

Бубинед чи гӯна зулмро ниҳодина кардаанд дар Панҷ: Аз як тонна 225 сомонӣ аз ду тонна 450 сомонӣ вале агар чор тонна бошад бояд 900 сомонӣ андоз супоред. Танҳо аз ҷамоати Озодагон ба номи 1365 нафар аз ду то чор тонна навиштаанд. Яъне ҳисоботи бар дурӯғи корхонаи пахтаро бубинеду худатон қазоват кунед. Дар ҳоле имсол аслан пахта накорида буданд. Як деҳқон гуфтааст дар 30 сотих пахта коридааст вале ба номаш ду тона пахта навиштаанд. Дар ҳоле ду тонна пахтаро ҳатто аз як гектар ҷамъовардан амри маҳол аст.

«Акнун ҳоло ин ҳама шайтанат ва дурӯғ дар ин ноҳия вуҷуд дорад , раиси ноҳия Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер чаро омори бардурӯғро ба марказ медиҳад? Магар раиси Вилояти Хатлон  ҷаноби Қурбон Ҳакимзода ин сару садоҳоро намефаҳмида бошад? Чуноне оморҳои бардурӯғи Муъминободро дар мавриди картошка кашф карда будед, Панҷро ҳам назорат кунед.  «Ислоҳ» ин масалаи оморҳои бар дурӯғро дунбол мекунад ва муйро аз хамир ҷудо мекунад.»

Пистаи Панҷ дар панҷаи Таҳмина духтари Раҳмонов

Пистаи Панҷ хеле босифат ва бомазза аст. Онро як нафар бо номи шоҳи  Аҳтамҷон (одами Таҳмина  Раҳмонова-духтари Эмомалӣ Раҳмонов) забт карда гирифтааст.

Дар ҳақиқат дар таги ҳар як дарахти писта дар мавсими ҷамъоварӣ 2 корманди ОМОН  хоб мекунад. Тамоми истиқоматкунандаҳо  ҷамоати мо аз ин ҳолат бохабаранд. Мардум бо онҳо шартнома мебанданд ва мераванду  дар куҳу талу теппаи он писта мечинанд. Хӯрду хурок аз ҳисоби худи мардум. Мечинанду меоваранду месупоранд. Агар ягон кас беиҷозат равад, ӯро ҳатто мепарронанд. Омонсҳоро барои ҳамин овардагианд. Ду нафарро паррониданд. Дар тарафи «Первоймай» бошад мардум  ба кӯҳ мераванду бо «лесник»ҳо  гапзанон мекунанд. Боз бо шахси бо  инсофтараш  50 ба 50, бо беинсофи баднафсаш бошад 70 ба30 писта  мечинанд.

Як қисми кӯҳҳои Панҷро аз тарафи маҳаллаи Мирзоянс ва мақарри марзбонҳо соли  2016 Раҳматуллои Асадулло (даҳмарда) бародари Азизмоҳи зани Эмомалӣ Раҳмонов гирифта ба ҳисоби ноҳияи  Ҷалолиддини Румӣ  пештара Колхозобод гузаронд. (дар мавриди Раҳматуллои хусурбачаи Раҳмоно маълумотҳои зиёде расидаанд,онҳоро низ нашр хоҳем намуд «Ислоҳ») Ин авлоди гушначашми Эмомалӣ Раҳмонов, бахусус  хусурбачаҳояш аз куҳҳои Панҷ фоидаи калон мегиранд. Аввал инки пистаи инҷоро аз они худ кардаанд ва дуввум чарогоҳҳоро. Чарогоҳҳоро ҳар сол ба даҳмардаҳо мефурӯшанд. Аммо даҳмарда ҳақ надорад, ки писта чинад.

Панҷаи  шуми Шамсулло Соҳибоҳ домоди Раҳмонов дар Панҷ

Ширкати «Фароз»-и домоди Раҳмонов афғонҳоро оварда дар куҳҳои Панҷ сар додааст ва онҳо шираи ров-яъне ҳамон шираи  камолро ҷамъоварӣ мекунанд. Солҳои пеш ҳамин ки ба пояи кӯҳ наздик мешудӣ, шираи ров пешат фаровон буд, ҳоло ба ҳадде канданду нобуд карданд, ки кӯҳ мебароӣ ,7-8 километр меравӣ баъд ров-шираи камолро мебинӣ. Ҳоло ҳам афғонҳо ин гиёҳи доруиро кофта истодаанд. Аммо халқ шоҳид аст, ки дигар ровро решааш намонд. Гӯиё гуфта бошанд, ҳоло ҳамаашро ҷамъоварӣ кунем, сипас дубора мекорем. Аммо решаи ров шояд садсолаҳо буд, ки дар ин куҳҳо мерӯид ва баҷо буд. Ҳоло солбасол рӯ ба нестшавӣ аст. Чунки ширкати «Фароз» онро бераҳмона нобуд мекунад.

Таҳмина Раҳмонова рамаҳои мардумро бо зурӣ дар Панҷ аз худ кард

Ба фикрам 2018 ё 2019 буд. Таҳминаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов кадомеро, ки дар куҳҳои Панҷ рамаи бузу гусфанди бисёр дошт, хонасалот кард: рамаҳои онҳоро гирифт ва ба гӯшҳояшон «бирка» зад. Ҳамаи ин рамаҳоро аз они худ кард. Ин ҷабру зулм ҳатто дар давраи Чингиз нашудааст. Рамабонҳо дигар даҳмардаҳои Таҳмина шуданд. Хеле аз чупонҳо аз тарси онки молашонро Таҳмина кашида нагирад, оварданду ба сокинони деҳаҳои гирду атроф арзон-арзон фурӯхтанд. Вагарна Таҳмина гирифта дар гӯшҳояшон нишона (бирка) мезаду аз худ мекард.

Ҳолати вахими Руҳониён ва муллоҳо дар Панҷ

Дар мавриди онки ҳоло муллоҳоро, чи гуна қисме аз онҳоро «буз» кардагианд. Дар ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдати Панҷ як   масҷиди ҷумъахонӣ ҳаст. Имомхатиби ин масҷид аз деҳаи Вахиёст, Номаш Мулломаҳмадшариф. 100% хабаркаши КГБ аст.

Дар он соле, ки  муллоҳои худотарсро аз хатибӣ гирифтанд ҳамин беимонро имомхатиб монданд. Мардум тамоман аз ӯ розӣ нест. Ҳатто писари худаш аз қафояш намоз намехонад. Дар аввалин намози ҷумъааш ба ҳайси имомхатиб давлатҳои исломии Эрону  Афғонистонро паст зад.  Дар минбари паёмбарамон  Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи вассалам)  шишт ва ҷойи мавъиза матни омодакарда -коғази аз тарафи ҳукумат додагиро хонд. Баъд давлатҳои исломиро паст зад. Гуфт, ки ман дар Афғонистон гуреза будам. Дар як сартарошхона кор мекардам. Як афғон омад гуфт, ки муйи сарамро кам кун. Ман кам кардам. Гуфт, ки пашми зери нофамро ҳам  кам кун, ки маро қаҳр кард. Якто задам, ки  дар руи замин дароз кашид. Инро ҳам бигӯям, ки аз соле, ки ҳамин одам  хатиби ин масҷид шудааст, пули сандуқи хайрияро бурда ба амният медиҳад ва ё худаш мехурад. Масҷиди ҷомеъ дар деҳаи Файзод ҷойгир аст.

Дар дохили масҷид дарахтҳои калони чанор вуҷуд доштанд. Гуфт, ки дар берун  навес мекунем  ва ҳамаи дарахтҳоро бурид. Аз  байн чанд рӯз гузашт. Омада гуфт, ки экология барои буридани дарахтҳо штрафамон кард, амният ҳам гуфт туро, ки иҷозат дод дарахтҳоро бибурӣ?

Дарахтҳо 5 то буданд. Хеле дарахтҳои калону ғафсу тануманд буданд. Аммо вай ин дарахтҳоро бурида коре накард, фурӯхт

Пули онҳоро куҷо кард, касе намедонад. Ба касе ҳам нагуфт.

Боз як ҳодисаи дигар, ки ҳамин сол рух дод. Як зан хонаи мулло Маҳмадшариф барои дуохонӣ меояд. Мулло бо вай ҳар хел корҳои номашрӯъ мекунад. Нохост зани худи мулло медарояд ва муллоро дар болои он зан меқапад. Занаш муллоро зери мушту лагад мегирад ва аз хона сур мекунад. Ин кор овоза шуда аст дар ҳама ноҳия.

«Мардуми Первоймай ҳама фаҳмид. Мардуми намозхон рафта аз болояш  ариза навиштанд, ки ин фосиқро аз имомхатибӣ бигиред. Лекин амният аз хатибӣ нагирифт. Чун,ки ба ин мақомот ҳамин хел муллоҳо лозиманд,на муллоҳои воқеъӣ ва ҳақиқатгӯ. Ҳатто масҷиди ҷомеъ рафта мардуми Файзободро гуфт, ки маро дар ҳамин масҷид ҷой бидиҳед, зиндагӣ кунам. Мардум иҷозат надоданд, аммо ҳоло ҳам дар вазифа аст. Шармандавор гаштааст.»

Говдуздии писар ва ҷияни Шоҳиён дар Панҷ бе муҷозот боқӣ мондааст

Як ҳодисаи дигарро дар ин ноҳия мехоҳам ҳикоят кунам. Гап дар бораи ҳодисаи говдуздӣ меравад. Дар ин бора он вақт баъзе аз расонаҳо навишта буданд

Як гурӯҳ говдуздҳоро милисаҳо ошкор карданд. Онҳо чорвои мардуми ҷамоати Озодагонро дуздида буданд. Аз ҳама аҷоиботи ин дуздӣ дар он буд, ки дузди асосӣ писари раиси ноҳия буд. Номаш Сунатуло, писари раиси ноҳия Зарифхӯҷаи Шоҳиён. Як дузди дигар Шоев Қосим Азизович, писари бародари раиси ноҳия аст. Ҳам писар ва ҳам додарзодаи раиси ноҳия узви асосии ин гурӯҳи говдуздон буданд. Дуздони дигар  Донаев Комрон, писархолаи Қосим Шоев аз шаҳраки Панҷ, Некрӯзи Рустам ва Зоҳир Ҷӯрабековро, ки дар кумитаи замини ноҳияи Панҷ ба ҳайси котиб кор мекардааст ва дар ин гуруҳи дуздон нақши ронандаро иҷро мекардаааст, дастгир ва бозпурсӣ кардаанд. Аксари ин бозпурсишудаҳо дар деҳаи Имом Машрабови ҷамоати Озодагон зиндагӣ мекунанд. Раиси ноҳия бо фарзандону хешовандонаш низ аз ҳамин деҳаи Имом Машрабов мебошад.

«Аммо ягон нафар аз ин гурӯҳи говдуздҳо, ки қариб сӣ сар говҳоро дуздидаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашуданд, баракс ҳоло ҳам барои мисол Зоҳир Ҷӯрабеков, ки вазифаи ронандаи дастаи дуздонро иҷро мекард, ҳоло оромона ба ҳайси котиб дар кумитаи замини ноҳияи Панҷ кор карда истодааст. Барои он инҳоро ба ҷавобгарӣ накашиданд, ки писар ва дигар хешу табори раиси ноҳия мебошанд. Милисаҳо гӯё ин қазияро фаромӯш карданд. Инҷо боз ҳам бар мегардад ба ҳамон тақдими акси модари Раҳмонов дар Сангвор,ки Шоҳиён ба Раҳмонов тақдим кард ва дигар ҳаркоре мекунад мушкил нест. Аҷаб давлатдор ва давлатдорие дорем. Бо як акс ба «Пешво» дигар дахлнопазир ҳам мешавед. «

Тарҷумаи ҳоли кутоҳи раиси ноҳияи Панҷ:

Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер, раиси ин ноҳия ва намояндаи Президент дар Панҷ 5 майи соли 1964 дар ноҳияи Панҷ ба дунё омада ва соли 1987 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси соҳаи обёрӣ (мелиоратор) хатм кардааст. Зарифхӯҷа Шоҳиён аз соли 2016 то 2019 раиси ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) буд. Хабаргузориҳо ёдоварӣ мекунанд, ки дар тобистони соли 2019 зимни боздиди президент Эмомалӣ Раҳмон аз Сангвор ба ӯ як портрети модарашро туҳфа карданд, ки президентро сахт ба риққат овард ва ӯ ашк рехта, аз он афсӯс хурд, ки дар вақташ ба сабаби надоштани шароит ба хидмати волидони худ дуруст расида натавонист. Ба навиштаи «Бомдод»   «Эмомалӣ Раҳмон ин туҳфаи Зарифхӯҷа Шоҳиёнро дар ёд гирифт ва баъди чанд рӯзи баргаштанаш аз сафари Сангвор Шоҳиёнро раиси ноҳияи хеле бузургтару муҳимтари Панҷ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон таъйин кард.

Инро ҳам бояд бигӯям,ки сардори милисаи ноҳияи Панҷ то чанд моҳи пеш Шамсулло Ҷобиров, ҷияни Маҳмадсаид Убайдуллоев буд, ки хелеҳоро бар ивази маблағ «кришават» мекард. Аммо ҳанӯзам, ки ҳанӯз аст иллати  куштори Меҳроншо Ҷумъаев, афсари калони милиса ва нозири минтақаӣ дар ин ноҳия,ки дар дохили бинои шуъбаи корҳои дохилӣ  бо тири Калашников кушта шуд, маълум нашудааст.

Ҳоло ба ҷой ӯ Полковник Баҳром Шокирзода таъин шудааст ва дар мавриди Баҳром Шокирзода чанд маълумоти ҷиноӣ расидааст,ки рӯй онҳо кор дорем.

Дар мавриди ҷиноятҳои муташакил дар ноҳияи Панҷ,ки Прокурори ин ноҳия Холиқзода Абдулфайз Ғафор онҳоро роҳбарӣ мекунад низ маълумотҳо расидаанд. Ҳатман дар мавриди ӯ ва дигар мақомоти ноҳияи Панҷ матолибе нашр менамоем.

Поёни бахши аввал,бахшҳои дигари моро дунбол кунед ва дар навиштани маълумотҳои ҷиноятӣ аз мақомдорони Панҷ таваққуф накунед. Худатон натоиҷи номаҳои навиштаатонро бо чашми худ мебинед. Чуне,ки сокинони ноҳияҳои дигари кишвар дидаанд.

Сообщение Панҷаи шуми “оила” бар Панҷ сояафкандааст  появились сначала на ISLOH.net.

«Ҳамшаҳрӣ»-и Сарвазир бояд Сарвазири ояндаи кишвар шавад?
(бахши аввал)

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси Миллӣ кист? Аввал маълумоти расмиро аз сафҳаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар бораи ӯ меоварем:

Ҳакимзода Қурбон

Соли таваллуд: 1 апрели соли 1966

Ҷойи таваллуд: ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ, соли 1988 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст

Ихтисос: агроном-олим

Унвони илмӣ: номзади илмҳои кишоварзӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ (бо луғат)

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон мебошад.

Вазъи оилавӣ: оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1983-1988-       Донишҷӯи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1988-1993-       Агрономи хоҷагии ба номи С. Урунхоҷаев, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Солҳои 1993-1995-       Раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Сельхозхимия», ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Солҳои 1995-1996-        Муовини раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Облсельхозхимия», шаҳри Хуҷанд

Соли 1996 (07-09)-Мутахассиси шуъбаи Комплекси агросаноатии ҳукумати вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд

Солҳои 1996-1999-        Раиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд

Солҳои 1999-2002-        Сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд

Солҳои 2002-2004-        Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Солҳои 2004-2006-        Муовини аввали сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд

Соли 2006 (02-12)-         Сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд

Солҳои 2006-2008-        Муовини раиси вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд

Соли 2008 (01-03)-         Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд

Солҳои 2008-2010-        Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд

Соли 2010 (06-09)-         Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон

Солҳои 2010-2013-        Раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон

Солҳои 2013-2018-        Муовини якуми раиси вилояти Хатлон

Солҳои 2018-2019-       Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 14 январи соли 2019 то ҳол-Раиси вилояти Хатлон

Маълумоти расмиро дар бораи раиси вилояти Хатлон мутолиа фармудед. Акнун барои шиносоии бештар ба шахсияти Қурбон Ҳакимзода маълумотеро аз манобеи мардумӣ пешкаши шумо мекунем. Албатта, ин маълумот ҳам кофӣ нест. Аммо дар ҳар сурат барои шиносии шахсияти ӯ кумак мекунад:

«Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар шаҳраки Палас, дар лаби дарёи Сир 20 гектар замини корам ва боғи зардолу, шафтолу ва як ҳавзи моҳипарварӣ ва фермаи парвариши мурғи фазан дорад. Дар худи кӯҳи Рухак, яъне дар Унҷӣ ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 60 сотих замини наздиҳавлигӣ  ҳуҷҷат кардагӣ аст. Дар микрорайони 34 (шаҳри Хуҷанд) як коттеджи 3 ошёнаи бадвоҳима сохтааст. Дар ҳудуди ҳамин маҳалла боз 10 сотих заминро ба номи яке аз хешовандонаш гирифтагӣ аст. Замине, ки дар шаҳраки Палас дорад ба номи язнааш мебошад.»

Қурбон Ҳакимзода як ака, ду додар ва чаҳор апа ва хоҳар дорад. Як бародари вай Мубин ном дорад. Солҳои 2005-2008 мудири фермаи хоҷагии деҳқонии Урунхоҷаев буд. Вай тамоми ин фермаро дуздид: молу гов, ему хошок ва швелеру трубаҳои оҳании фермаро дуздиду фурӯхт. Ҳозир ҳам мудири чорво аст. Ҳар сол дар мавсими пахта аз навоҳии вилояти Хатлон бо фура ва дуланҳо чигити пахта меоваранд. Равғанашро алоҳида гирифта кунҷораи онро ҳам мефурӯшанд. Ҳамаи ин тиҷоратро Мубин ба роҳ мондааст. Албатта маълум аст,ки зери сарпарастии кӣ?

» Абдуаҳад писари Қурбон Ҳакимзода, сардори Раёсати экологияи вилояти Суғд аст. Бисёр ҳам мутакаббир ва мағрур аст.То соатҳои 2 ва 3-и шаб якҷо бо писари Рӯзиеви духтур,соҳиби бемористони ба номи Луқмони ҳаким касбаш арақхӯрӣ аст. Яке дигар аз собутлиник ва компанёнашон Алишер Ятимов писари Абдумумин Ятимов бародари СС.Ятимов аст, ҷияни С.С.Ятимов, раиси КДАМ мебошад. Алишер Ятимов феълан муфаттиши прокуратураи н.Бобоҷон Ғафуров аст. Мошини савории ҷияни СС.Ятимов лексузи 570 рангаш торик аст.  Инҳо ҷойҳои махсуси «отдих» доранд. Ҳамчунин чанд тарбахона (ресторан) дорухона(аптека) ва дармонгоҳ (поликлиника) дорад, ки ба номи наздиконаш ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст, аз ҷумла бархе аз инҳо ба номи Ҳакими писари Рӯзиеви соҳиби беморхонаи хусусии Луқмони Ҳаким аст.»

Як ҷияни дузди Қурбон Ҳакимзода барои бори сеюм аст ки бо дуздӣ дар маҳбас мешинад. Ду ҷияни дигари ӯро бо номҳои Олимҷон ва Илҳомҷон Каримов Идораи коррупсияи вилоят боздошт кард. Онҳо чанд рӯз дар ИВС нигоҳдорӣ шуданд. Вале Ҳакимзода онҳоро бар ивази пули калон озод кард.

Вале дар ин қисмати матлаб як каме бештар мегӯем, ки Қурбон Ҳакимзода, чи касе аст ва чиро як «ленинободӣ» дар вилояти Хатлон, ки аз ду вилояти собиқ: Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаи собиқ ташкил шудааст,тавонистааст, ки курсии раисии ин вилоятро соҳиб бишавад? Дар ҳоле, ки ҳатто як хурдтарин мансабу мақоми давлатӣ имрӯз дар дасти як қабила ва як оила аст ва бидуни иҷозати онҳо касе мансаби одиеро, масалан раиси ҷамоатеро гирифта наметавонад ва дар ҳоле, ки расидан ба мансабе чун раиси вилояти Хатлон бидуни пардохти маблағи калон ва пуштибонии ҳатмии яке аз аъзои хонаводаи Эмомалӣ Раҳмонов, барои мисол Озода ва Рустам ва ё Зоир боз дар Хатлон ғайриимкон аст чи гуна як «ленинободӣ» ин вазифаи муҳимро ишғол кардааст?.

Чанд қиссаи ҷолиб аз Қурбон Ҳакимзода аз Зафаробод

Қурбон Ҳакимзода замоне иҷрокунандаи раиси ноҳияи Зафаробод таъин мешавад, аз рӯи қонун бояд мақомаш аз ҷониби маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Зафаробод тасдиқ мешуд. Барои ин ӯ мебоист аз ҷониби яке аз ҳавзаҳои ноҳиявӣ вакил интихоб мешуд.  Яъне дақиқан мисли Абдураҳмон Қодиров,ки ба Зафаробод омада буд ва Қодиров вакил аз деҳаи Ишқилӣ  ё Суғдиён «интихоб» шуда буд.  Ишқилӣ мардуми узбекзабоне ҳастанд,ки дар даврони Иттиҳоди шуравӣ аз Шаҳристон муҳоҷир карда ба Зафаробод оварда буданд.Ин мардум номи деҳаи худро бо он номи деҳаи аҷдодияшон номгузорӣ карда буданд. Номзадиашро аз ҳамин деҳа ба ҷои раиси пешинаи Зафаробод пешниҳод мекунад, аммо мардуми деҳа розӣ намешаванд. Хоҳиши мардум интихоби вакил аз байни худи сокинони деҳа буд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия бисёр фикр накарда ба мардуми деҳа ултиматум мемонад, ё номзадии маро эътироф мекунеду ман вакил мешавам дар акси ҳол ягона қубури обгузар, ки ба деҳа аз канал бо он об меомад мебандам. Мардуми деҳаро маҷбур ба ақибнишинӣ водор мекунанд ва Қурбон Ҳакимзода бе рақиб интихоботро пирӯз мешавад ва вакили деҳа мешавад. Акнун фаҳмидед як деҳа намехоҳад вакили ноҳиявияшон бошад. ҳоло вакили МО ва раиси ноҳия ва вилоят ҷойи худаш.

Дар ноҳияи Зафаробод намедонем иллат ва сабабашро Қурбон Ҳакимзодаро «Дукала» мегуфтанд. Аммо намедонем барои чӣ чунин мегуфтанд. Мумкин худашон шарҳ диҳанд онро.

Як ҳамшераи шафқат, ки ному насабаш пеши «Ислоҳ» вуҷуд дорад ҳангоме,ки Қурбон Ҳакимзода раиси ноҳияи Зафаробод мешавад. Аз қазо  худаш ва ё наздикаш бемор мешавад ва ба бемористони ноҳия,ки дар шаҳраки Зафаробод воқеъ мебошад меравад. Хулоса дар онҷо бо ин ҳамшераи шафқат шинос мешавад ва муносибатро бо ӯ шурӯъ мекунад. Ин ҳамшераи шафқати оддӣ пас аз ин муносибатҳои маҳрамона ба боло баромаданро шурӯъ менамояд. Депутати ноҳияивӣ интихоб шуд.Хулоса дар сиёсати ноҳия яке аз пештозон гардид ва ҳоло тиҷоратҳо ва замину коргоҳҳо дорад. Мутаассифона ин ҳамшераи шафқат шавҳар ва фарзандон дорад аз ин сабаб наметавонем номашро зикр кунем вале акс ва маълумоти муфассал дар мавридаш дар мо мавҷуд аст.

Инро ҳам бояд бигӯем,ки дар сӣ соли ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов овардани кадри «шимолӣ» ба ин мақом собиқа надорад.Қаблан дар ин вазифа ҳамагӣ мардуми собиқ вилояти Кулоб буданд: Давлатшо Гулмаҳмадзода, Ғайбулло Авзалов, Амиршо Миралиев, чанд муддати кутоҳ Абдумаҷид Достиев ва Абдуҷалол Салимов. Барои ҳамин таъйини як қистакузӣ ба мақоми раиси вилояти бузургтарини Тоҷикистон бесабаб нест. Қурбон Ҳакимзода, мисли Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар кумитаи замин аз ноҳия гирифта, то вилоят ба ҳайси сардор кор кардааст ва ҳоло ва бахусус дар солҳои кори Ҳакимзода ин мақоми давлатӣ яке аз ҷойҳои равғанин ба ҳисоб меравад  ва ҳар касе дар ин мақом кор кардааст, шахси пулдор аст. Зеро замини зиёдеро фурӯхтааст. Аз ин ҳисоб Қурбон Ҳакимзода ҳам мувофиқи табъи худи Эмомалӣ Раҳмонов аст.

Ба ҳар ҳисоб дар бораи Қурбон Ҳакимзода ва инки ӯро дар вилояти Хатлон чаро раис таъйин карданд ду фарзия вуҷуд дорад. Яке аз онҳо ин аст  ки вай дар оянда ба ҷойи Қоҳир Расулзода сарвазири Тоҷикистон мешавад. Инро ҳам бояд бигӯям, ки Қурбон Ҳакимзода ва Қоҳир Расулзода ҳарду қистакӯзианд ва барои ба ин мақомҳо сабзидани Ҳакимзода сарвазири феълӣ хеле зиёд кумак кардааст. Фарзияи дигар ин аст ки овардани Қурбон Ҳакимзода ба Хатлон, ин як тактикаи дигар Раҳмонов Эмомалӣ барои ғасби комили вилояти Суғд аст. Дар ояндаи наздик раиси вилояти Суғд ҳам ба дастаи «бачаҳакои боло» супорида мешавад, ҳамчуноне, ки феълан УВД, Коррупсия, КДАМ, Прокуратура, Налог, Гумрук ва чандин мақому масъулиятҳои дигар дар ин вилоят ба дасти «бачаҳакои боло» аст  ва чандин сол аст  ки онҳо дар он вилоят «чарида» гаштаанд. Яъне раисии як кадри шимолӣ дар Хатлон ин як манёври муваққатии Раҳмонов аст барои дар оянда курсии вилояти Суғдро ба яке аз бастагонаш вогузор кардан.

Албатта,агарки то ба он рӯзҳо Эмомалӣ Раҳмонов бирасад…..

Поёни бахши аввал,идома дорад…

Ps: Хонандаи гиромӣ маълумоти зиёде дар мавриди Қурбон Ҳакимзода сарвазири ояндаи кишвар ва ҳамзамон раиси вилояти Хатлон ба “Ислоҳ “ расида аст. Чун характери зиндагии пасипардагӣ ва баъзе аъмоли маҳрамонаи махсӯсро доранд. Он маълумотҳоро бо дигар маълумотҳое,ки рӯяшон кор дорем ҳангоми комил шудан ҳатман тақдиматон менамоем.

«Мумкин аст бо дидани сарлавҳаи матлаб, ҷаноби Раҷаббой Аҳмадзода (Қофлонбой) каме зиқ шаванд вале ин фарзияест хело қавӣ ва эҳтимоли зиёди таҳаққуқ ёфтани он вуҷуд дорад. Чун тибқи маълумотҳои расида ба «Ислоҳ» ҷаноби Қофлонбой чанд огоҳие гирифтааст аз «Оила» ва огоҳиҳои хело бузурге,ки дар ҳолати амалӣ накардани онҳо вазъияташ ончунон хуб намешавад. Ҳоло дар талоши рафъи онҳо будааст.»

Агар шумо ҳам маълумоте дошта бошед,ки онҳо характери ҷиноӣ дошта бошанд марҳамат фиристед. На танҳо ҷиноятҳои раиси вилоят анҷомдодааш,балке аз ҷиноятҳои вазифаҳои қаблияш ҳам бошанд мешавад. Масалан дар Фархор раис буд ва маълумотҳои кӯтоҳе аз онҳо дар мо вуҷуд дорад вале мехоҳем пурра ва возеҳ бошанд. “Ислоҳ” дар хидмати шумо миллати азиз ва барои решакан кардани ҷиноят ва фасоди молӣ дар кишвар камари ҳиммат бастааст. Бо “Ислоҳ” ҳамкорӣ кунед,то чеҳраи аслии ин ҷинояткоронро бармало намоем.

Сообщение «Ҳамшаҳрӣ»-и Сарвазир бояд Сарвазири ояндаи кишвар шавад? появились сначала на ISLOH.net.