Архивы Рӯзномаи СССР - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №295
Раҳмонов ва оилаи бештар аз қавми яъҷуҷу ва маъҷуҷи он на фақат дар бади халқ, дар дили тарафдорони худи ӯ ҳам задааст. Номае, ки аз як нафар боевики Фронти халқӣ дар ин шумора мутолиа мекунед, ҳамин масъаларо матраҳ кардааст.

Нафари дигаре аз ҳолу рӯзи яке аз хоҳарони Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии собиқи Қазоқистон навишта ва ба Раҳмонову оилаи ва ҳушдор додааст, ки ин сарнавишт ба сари шумо ҳам омаданист.

Нависандаи нома аз Турсунзода бо онки аз фаъолияти иддае аз мухолифин изҳори норозигӣ мекунад як масъалаи дигарро ҳам аз ин ноҳия манзури хонанда ва бинандаи мо кардааст. Ин чи масъалаест, аз навиштаи вай огоҳ мешавед.

Муаллиф ва метавон гуфт, хабарнигори ғайриштатии мо аз Волгоград ин бор низ баъди мурури сомонаҳои нашрияҳои тоҷикӣ як матлаберо, ки муносиб дидааст бо хонандаи «Ислоҳ» дар миён бигзорад барои чоп омода ва фиристодааст, ки мо низ дар барнома ҷой додем. Ва ҳоло шумораро ба номае аз Кулоб оғоз мекунем:

Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман як нафар аз собиқ ҷанговарони Фронти халқӣ аз Кулоб ҳастам. Ман мехоҳам баъзе фикру андешаҳоямро дар бораи давлатдории Эмомалӣ Раҳмон нависам. Ин гапҳоро чандин вақт аст ки мехостам бигӯям. Вале хиёл мекардам, ки як рӯз не як рӯз ақлаш ба сараш меояду андешаи хизматҳои мо кулобиҳоро, ки вайро ба сари қудрат расонидем, мекунад. Вале накард, ки накард. Мо, кулобиҳо-бобои Сангак,бобои Салмону бачаҳояш, Саидшо Шамолу бародарон Лангариевҳо, Ғаффор Седой. Ёқуб Салим ва даҳҳо нафари дигар қумандонҳо ва ҳазорон ҷанговари кулобӣ будем, ки Раҳмоновро сари кор овардем.

Аммо Эмомалӣ чи кор кард? Ба бачаҳои кулобӣ чи хел ҷавоб дод, ба шаҳри Кулоб чи ҷавоб дод? Ҳозир бачаҳои бобои Сангак ва як домодаш, ки бачаи бобои Салмон мебошад, дар зиндон қарор доранд. Пожизнений гирифтагианд. Ғаффор Седой зиндонии якумра. Ёқуб Салим вақти суиқасд ба Эмомалӣ бо баданаш ҷисми ӯро пинҳон кард, аммо ба вай ҳам раҳм накарду 15 сол шинонд, шишту баромад. Барои чӣ? Вақте мебинӣ, ки инҳо дар зиндон ҳастанду аммо хешу табор ва ҳаммаҳалҳои худаш, бачаҳову духтарҳои худаш дар мансабу кайфу сафоянд, ба мо ҷанговарони Фронти халқӣ, ки садҳо кушта додем, ҳоло ҳиҷ имтиёзу нафақаи дурусте надорем алам мекунад. Мо Раҳмоновро ба сари қудрат овардем, ки фақат барои худаш, барои бачаҳои худаш ва барои Данғара кор кунад?

Данғараро бинед, ки чи хел обод карда истодааст. Дар ҳақиқат ин Эмомалӣ маҳалчии гузаро будааст. Дар вақти 2700 солагии Кулоби бостон он қадар ободиву навигарӣ накард. Кулоберо, ки шаҳри қадимӣ аст ва дар давраи шӯравӣ ҳам маркази вилоят буд дар баробари Данғара ба як ноҳияи музофотӣ табдил кард. Дар Данғара ду донишгоҳи давлатӣ, коллеҷҳо ва даҳҳо иншооти дигарро  аз ҳисоби бюҷет сохт. Аммо ин корро дар вақти ҷашнгирии 2700 солагии Кулоб накарда буд. Ин савол ба Эмомалӣ буд.

Дар солҳои ҷанг дасту пои бобои Сангак ва бобои Салмонро мебусид. Вақте бачаҳои бобои Салмонро зиндон кард, бобои Салмон зора кард, ки қабулаш кунад, вале накард.

Дар вақти ҷашни 2700 солагӣ чанд иншоотеро, ки дар Кулоб сохт бо пули дигар шаҳру ноҳияҳо сохт, на аз пули бюҷет. Ва бо ин кораш ҳам тавре бозӣ кард, ки мардум Кулобро шум бинад, чаро, ки Кулобро аз ҳисоби мардуми дигар ноҳияҳо ҷашн гирифт. Мардум ба хотири Эмомалӣ кулобиҳоро шум мебинад.

Мо, кулобиҳое, ки барои ба қудрат овардани Эмомалӣ ҷангидем сахт пушаймон ҳастем. Афсус, ки ин номардро мо ба сари кор овардем. Беҳад пушаймонем. Умеди онро дорам,ки боз мо ӯро аз қудрат дур мекунем!

Турсунзода

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Аллоҳ ба Шумо ва тамоми кормандони «Ислоҳ» барору тавфиқ насиб гардонад, омин! Нияти хушомаду чоплусӣ ва таблиғро надорам. Монед, чизе, ки дар дилам дорам, бигуям. Медонам ҳадафи шумо хизмат ба мардуму ватан ва барқарории адолат аст, на чизи дигар, на мисли дигар ба ном мухолифине, ки на муборизаи аниқ доранду на ҳаракати дуруст. Зеро, ки нияташон номаълум. Мардум мебинаду дида истодаанд, ки як хелаш амал надорад. Як хелашон дар як моҳ як- ду барнома доранд, ки не маънӣ дорад, не мантиқ. Ба мисли як кассета, ҳама гапҳои пешина, на фикри ҷадид, на маслиҳати ҷадид, чизе дида намешавад. Рӯзе мешавад, ки шумо ба ном мухолиф мегӯед «моям мубориза бурда будем». Не, халқу милат дида истода аст.

Азоби ин миллат, ки аз дасти шайтони Раҳмонов  кашида истодааст, барои мо бас аст. Дигар дурӯғу ҳамдигарсиёҳкунӣ бас аст. Барои мардум шахсони дурӯғгӯ лозим нест. Инсонҳои содиқ дар мубориза ва дар дарки дарди мардум бояд якҷо бошанд.

Медонам,шояд ин навиштаи ман ба шумо хуш наояд. Вале илтимос нашру навор кунед ин номаи манро.
Акнун ба мавӯъи аслӣ мегузарем. Бародар, шумо дар чандин барномаи «Номаҳо…» дар бораи Қурбонов Илҳом кам -кам гуфта будед. Илҳоми қассоб ҷои зисташ ҷамоати Қаратоғ, деҳаи Аҳорун аст. Вай назди мактаби рақами 34 дукони гуштфурушӣ дорад. Дар бораи Илҳом Қурбонов шумо дар барномаи номаҳои № 125 аз 17 майи 2024 дар видео гап зада будед. Худи ман ин Қурбонов Илҳомро хело вақт зери назорат гирифта будам, аммо ҳеҷ чиз нашуд. Ҳамон корҳояшро давом дода истодааст. Кадоме аз Илхом Қурбонов пурсидааст, ки баъд аз видеои «Ислоҳ» чи шуд? Илҳом ба ханда гуфтааст: «чи кор мекарданд, ҳичи, тинҷ, ин корой ман зери назорати Ойла. Ин ҳама доруву маводи мухаддири ин ойла аст ва мо бо вайҳо кор мекунем». Ба гуфти ин Илҳом Қурбонов  тамоми узви оилаи Раҳмонов то домоду духтаронаш, то тифли дар даст доштаашон дар ин кори маводи мухаддир даст доштаанд. Ин Илҳом хело эҳтиёткор аст. Аз руи ин кораш хело соҳиби пулу моли зиёд шуд. Бародари Илҳом Қурбонов Қутбиддин пеш аз руй ин кораш тюрма шуда буд. Боз 25 октябри имсол ба даст афтид.
Бародар ана кору ана аҳвол. Ин Қурбонов Илҳом қассоб аст. Аксари корҳояшро дар Россия иҷро мекунад. Ин беинсоф чандин одамҳоро дар ғам гирифтор кард. Ба номи Аллоҳ қасам ягон кори ин давлати мо аз руи қонун нест. Ақалан як бор ҳам надидам. Ҳама ҷо ноҳаққӣ. Кадом соҳаро набинӣ фасоду ноҳақӣ. Дар ин ватани мо фасоду ришва дар ҷойи аввал аст. Пулро диҳӣ ҳама кори ҳатто ғайриқонуниро мекунӣ. Чизҳое, ки ман медонаму дидам гап занам хеле зиёданд.

Агар ҳамин ҳолат давом диҳад дар муддати кутоҳ миллат ба ҳалокат мерасад. Ноҳақ, руирост ноҳақӣ карда боз зурӣ мекунад. Дузд руирост дуздӣ карда бо таҳдид мекунад. Иштиҳои ин давлат ва мақомот рӯз ба рӯз зиёд шуда зулм руирост шуд. Духтур, ГАИ, милиса, муаллим натарсида ошкоро ришва мепурсанд.  Умуман ҳарос надоранд. Ин чи ҳол аст? Мо фақат як роҳ дорем. Фақат як роҳ ин аст ки Раҳмонов аз қудрат дур шаваду  як фарзанди ҳақиқи Ватан сари қудрат омада ин наҳсие, ки аз ин касофати Раҳмонов монда аст фасоду ришва ноҳақӣ зургуиҳо, ноадолатиҳо аз решааш канда нест кунад. Ва ин  бешараф  20 сол зиндон шавад он вақт ин Ватан ва ин миллат обод мешавад, мисли Хитой. Ришва фасод бе номуси нест шавад.
Барои ин гуна шудан Ватанамон меҳнат ва ҳаракат кардан даркор, бо миллат шудан даркор, миллатро фаҳмидӣ миллат туро мефаҳмад.
Бародар Муҳаммадиқбол. Ба мардуми Турсунзода бирасонед, ки чаро хап ва тарсу шудаанд. Нависанд, сокит набошанд. Гуё инҷо ҳама хуб бошад.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Бовар дорам шумо ҳам аз расонаҳо хондед, ки Анипа (шояд Ҳанифа бошад) Назарбоева, хоҳари Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешинаи Қазоқистон, ки дар вақти президентиаш худро Элбасии тамоми қазоқҳо эълон карда ҳатто ҳайкалашро ҳам гузошта буд аз тарафи суди Алма-ато барои дуздии чандин миллиард тенге гунаҳкор эълон шуд ва ӯро якҷо бо ҳамроҳонаш аз 14 то 16 сол ба зиндон ҳукм карданд. Худи Назарбоевро ҳам аз тамоми рутбаву унвонҳо, аз ҷумла Элбаси маҳрум карда буданд.

Ин хабарро барои чӣ овардам? Барои он овардам, ки Раҳмонов ва духтарону бачаҳо, домодҳову бародарзанҳояш бидонанд, ки онҳоро ин шо Аллоҳ, ин сарнавишт интизор аст. Чунки онҳо ҳам айни ҳамин хоҳару духтарҳову домодҳои Назарбоев ҳам дар мансабҳои калон ҳастанд ва ҳам аз пули давлат ва мардум бисёр дуздӣ карда истодаанд. Ин хоҳари Назарбоев дар як навбат дар сад контейнер бору коло аз Хитой дароварда аммо ягон хел боҷи гумрукӣ напардохтааст. Кореро, ки имрӯз Ҳасани ишкамба, Зоир, Шамсулло, Рустам, Озода, Парвина, Ашраф ва Муҳибу дигару дигараш карда истодаанд.

Анипаи хоҳари Назарбоев ширкатеро бо номи «Group Of The Companies Tda» ташкил карда даст ба ғорати мардуми қазоқ мезад, чуноне, ки Озодаи духтари Раҳмон ҳам бо IRS-аш пули халқро барои убури роҳи Душанбе-Хуҷанд кашида гирифта истодааст.

Вале фарқи Назарбоев аз Раҳмон ин аст ки қавми вай камтар буд ва дар Қазоқистон боз соҳибкорону тоҷирон метавонистанд фаъолият баранд. Раҳмонову олу авлодаш бошанд ҳам тиҷорат ва ҳам пулҳои соҳибкоронро рӯирост тасарруф ва ғорат карда истодаанд ва бо ду дасту даҳ ангуштон дороиҳои мардум ва миллатро ғасбу тасарруф карда истодаанд.

Ман умед ва бовар дорам, ки ҳар ончи ки имрӯз ба сари хонаводаи Назарбоев омадааст, ба сари оилаи Раҳмонов ҳам меояд ва мардум аз дасти ин дуздҳо моликияти худро пас мегирад ва инҳо дар кунҷи зиндон хоҳанд рафт.

Илтимос, бародар, ман ба шумо бори аввал менависам. Ин навиштаи маро чоп кунед.

Ба шумо барори кор мехоҳаму ба Раҳмонову оилаи дуздаш шикасту нобудӣ ва кунҷи зиндон.

Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ба шумо ташаккур ва хеле ҳам миннатдорам, ки навиштаҳои маро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо», ки мо муҳоҷирону мусофирону ғарибони дур аз Ватан ҳар шумораашро бесаброна мунтазир мешавем ва тавассути он  аз вазъу ҳоли ватанамон огоҳ мешавем, ҷой медиҳед. Ин бор ҳам ман як матлаберо аз сайти газетаи СССР барои хонандаҳои «Ислоҳ» пешкаш мекунам, ки дар гӯшаи  Сардабир чоп шудааст. Ин навишта ба ман писанд омад. Ҳоло аввал онро яклухт пешниҳод мекунам ва сипас дар борааш фикрҳоямро мегуям. Ин навишта дар таърихи 31 октябр чоп шудааст ва чунин унвон дорад:

«Тақ-тақу тап-тапу лақ-лақу тик-ток ва журналистика»…

31.10.2025

Ман хеле мутаассифам, ки дар давроне ахиран қарор дорам, ки журналистика мефавтад. Дақиқтараш онро, журналистикаи профессиоанлиро мекушанд. Агар накуштаанд!!!

Агар аҳамият додаӣ, хонанда, дар Тоҷикистони азиз, маҳз кишвари мо, дигар ба сайру тамошову сафару командировкаҳои расмӣ, масъулин тик-токерҳоро мебаранду блогеронро меоранд. Зидд нестам. Раванд. Оянд. Вале пурсида мешавад, аз масъулин, ки дар кадом кишваре дидаву шунавидаед, ки зимоми таблиғу ташвиқи ватану ватандориро ба тик-токеру блогерони, маъзарат, вале дар аксари маворид, бесавод бовар кунанд?

Дар олам ҳастанд блогероне, ки воқеан ҳам муаррифигари давлату миллати хешанд. Вале аксарияти ишон аз «остинчаи журналистика» гузаштаанд. Блогерону тик-токерони мо фазосоз нестанд. Рӯиҳамрафта, аксарият, шояд 95% бештар хатти саводи оддии кофии навишту талаффузи 1 ҷумлаи саҳеҳ надоранд. Усулан зидд нестам, ки онҳо фаъол бошанд. Бошанд! Вале маро чизи дигар ба ташвиш овардаааст, ки масъулин замони ахир тик-токпарасту блогермуҳаббат шудан доранд.

Худое накарда, имрӯз сари давлати мо боди тунди хатаре вазад (сари дилхоҳ давлат он мевазад!), кӣ бояд аз манофеи давлатии мо ҳифз кунад? Оё мо дорем, журналисте дар пояи Владимир Соловёв, Брилёв, Познер, Дмитрий Гордон, Таккер Карлсон? Инҳо имрӯз мунодиву муаррифгар ва муҳофизи фазои иттилоотии кишварҳои хешанд.

Дур намеравем, 1 Павел Зарубини рус, бо 1 телефон ва асои селфисоз-худнаворгир, аз Тоҷикистон, барномаҳое аз сафари Путин В.В. таҳия кард, ки тамомии олами журанлистикаи мо, дар дохили кишвари худамон, натавонист кардан! Ҳол он ки мо дар Тоҷикистон, шукри Худо, техникаву технологияи пешрафтатар аз русу англису амрикоӣ ҳам дорем. Аммо кадр надорем! Кадрро кӣ, кто, ким месозад? Суол риторикист.

Ва аммо аз ҳама бештар дар журналистикаи байналхалқӣ англисҳо пешсафанд. Дар феҳристи номдортарин журналистони олам (бовар кунед, ҳаст ин рӯйхат), усулан англисҳо меистанд:

Роберт Фиск (Англия), Кейт Ади (Англия) ва Кристиан Амонпур (Англия). 2-тои ахир бонувонанд. Кейт агар Ордени Импературии Британияро соҳиб шуда бошад, пас Амонпури эронтабор, ки бо 2 забон англисиву форсӣ матлаб таҳия мекунад, ягона нафаре шуд, ки бо ӯ Ҳуснӣ Мубораки мисрӣ ва Муаммар Қаззофии лубнонӣ, дар даврони табаддулоти «Баҳори Араб» суҳбат оростанд. Баъдан ин 2 танро мардуми зерфишори тик-току блогу саҳафоти иҷтимоии Фейсбук қарор дошта, сарнагун сохтанд. Яке зиндонӣ ва дигариро таҷовуз кардаву куштанд. Имрӯз ин миллатҳо аз карда пушаймонанд. Вале дигар ба кӣ мегӯй?

Сабаби ун бадбахтиҳо низ ин ҳам буд, ки дар ун кишварҳо афроде набуд, ки идеология бар шонаҳои онҳо такя занад. Ба шабакаҳои иҷтимоӣ бовар мекарданд…

Баъдан феҳристи рӯзноманигорони беҳтарини оламро амрикоиҳо ҳамел шудаанд:

Роберт Апшур «Боб» Вудворд (ИМА), Андерсон Купер (ИМА), Ширин Бхан (Ҳиндустон) ва Гленн Гринвалд (ИМА).

Дар миён танҳо 1 намояндаи осиёист. Бону Ширин (оре, зан аст), беҳтарин гузоришгари ватани хеш аст ва 1 нюанси аҷиб он ҳам ҳаст, ки аксарияти инҳо бо англисӣ барнома омода мекунанд. Забони байнулмилалӣ.

Акнун суоле ба миён меояд, ки дар тули 34 соли истиқлолияти давлатӣ, ки хеле ва воқеӣ дар ҳама соҳот пешравӣ кардем, мо чанд журналисти англисзабон тарбият кардаем? Ягон-то!

Онҳое, ки ахборро дар тарҷума мехонанд, журналист нестанд. Журналист БОЯД худаш барнома таҳия кунад, фазосоз бошад ва ахбори ҷаҳонро аз призмаи хеш баҳогузорӣ намояд.

Мо на блогери англисзабон дорему на тик-токеру на «фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ», ки бо англисӣ чӣ, ки ҳатто русӣ ва фаронсавию хитоӣ барнома таҳия намояд.

Дар бораи блогерони маъруфи таблиғгари мавзеъи дидании ватани хешу барномарезони соҳаи туризм низ бубояд гуфт. Аксарияти ишон журналистони хубеанд, ки ба блогер тағйири касб кардаанд. Фарзи мисол дар кишварҳои пасошуравӣ блогер-сайёҳони укроинӣ маъруфанд, ба мисли Антон Птушкин (сафарнома), Дмитрий Комаров (сафарномаи ҳуҷҷатӣ). Блогерони русу укроинӣ имрӯз ба таърих бештар таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, ки талаби замон аст. Ҳамзамон, дӯсти питерии ман, шарикдарсам, ки дар 1 гурӯҳ мехондем, Игор Семиков дар барномаи интернетии Машнюс ё худ MASHNEWS. Новости промышленности. НОВИНКИ ВООРУЖЕНИЯ.

Барномаҳои профессионалии ҳарбие таҳия мекунад, ки ба гуфти бобои Ғулом «ови даҳонат мерава!». Медонед сабаб чист? Инҳо ҳама аз «остинчаи журналистикаи профессионалӣ» бархостаанд.

Чӣ магар русу укроиниву англису амрикоиву ҳиндӣ тик-токеру блогери сакалту надоранд? Миллион – миллион!!! Ва аммо чун манофеи милливу давлатӣ пеш омад, такя бар хирад, касбият, дониш ва…солдидаҳо мезананд.

Шояд оқилаке пайдо шаваду гӯяд, мо чунин журналист надорем. Правильно! Надорем. Зеро таваллуд накардем, тарбият накардем, омода насохтем. Ягон нафар аз батни модар журналист таваллуд намешавад. Ба надоштан ку надорем, вале бо ҷорӯби «ҷавонсозии журналистика» саф-саф рӯзноманигорони касбии солдидаро ба пенсия руфта партофтем. Мактаби устод-шогирдро барҳам рехтем. Журналистикаи тоҷик думбурида шуд, ба таъбири арабони бодияшин, ки пасон дар Қуръон низ сабт ёфт «ҳувал абтар»-уштури думбуррида гардид, яъне наслзо нест дигар ин касб!

Ҳамин аст, ки имрӯз низ, ба нохост ягон матлаби хубу хондании профессионалие нашр шавад, муаллифаш ё Абдуллои Раҳнамост, ё Шарифи Ҳамдампур, ё Саъдии Маҳдист, ё Раҷаби Мирзо, ё Хуршеди Атовулло, ё Ҳуриннисо Ализода, ё Марям Давлатова…ё ягон собиқадори дигари матбуот.

Муҳимтару аҷибтар кор дар ин моҷаро он аст, ки ҷои ақаллан додан ба ҳамин будаҳо имконияти тарбияти шогирду соҳибмактабӣ, мо бархе аз ишонро маҳдудтар мекунем, даҳонашонро мебандем, газетаашонро мебандем, баъзеро зиндонӣ мекунем, баъзеро ба расонаҳои электронии расмӣ роҳ намедиҳем. Бо ин ҳама ишон боз ҳам дар соати сахт пушти манофеи миллат қомат алам мекунанд. Шахсан ман намедонам, мо журналистикаро куҷо бурданиему бо он чӣ кор карданием…

Ҷавонон имрӯз аз маҳдудаи 1 дақиқа навори Риилс (Reels), 30 сония тик-току 2 дақиқа блог убур карда наметавонанд. Андешаи ояндаи миллат маҳдуд шудааст, дар ана ҳамин 0,5-1-2 дақиқа. Фикр, ки маҳдуд шуд, ҷаҳонбинӣ низ коҳиш меёбад. Гунаҳи ишон нест. Ҷурм аз мост, ки натавонистем, барои ояндаи рахшони журналистикаи тоҷик кадр, шогирд, пасованди хешро тарбият ва ба ҷамъият туҳфа кунем.

Дунё пеш меравад, пир ҷавон намешавад. Мо низ кадом рӯзе меравем ва бо устодони хеш мепайвандем. Ва суоле моро азият медиҳад, ки журналистикаи Тоҷик дар оянда аз марзи тик-току блог унсутар убур мекунад ва ё на?

Шояд соати саъде даррасидааст, ки баъд аз қонун дар бораи «Мақоми омӯзгор» ҳукумат қарору қонуне қабул намояду аз қишри осебпазиртарини ҷомеа-журналистикаи профессоиналӣ  ҳифз кунад?  Бовар кунед, моро низ бисёр ғам медиҳанд…Суол албатта риторикист. Мо Метавонем!»

Бародар Муҳммадиқбол! Ин буд он матлаби СССР, ки дар таҳти рубрикаи «Сардабир» ба нашр расидааст.

Ман чи гуфтаниам? Муаллиф дар ин мақола ба таври пӯшида вале хеле ҳам бо дард аз даъвати блогерҳои хориҷӣ масалан Асҳаб Тамаев ва пештар Гусейн Гусейнов, бидуни онки зикри ном кунад, интиқод намуда ин корро муносиби мардум ва давлати тоҷикон намеҳисобад ва ба назари ман ҳам ин интиқодаш дуруст аст. Масъулин ва мақомот бояд такя ба журналистону блогерҳои ватанӣ, яъне тоҷикон кунанд.

Ва, дигар масъала, ки бардоштааст ин манъу қатъи фаъолияти бархе аз нашрияҳову расонаҳо аст ки дар Тоҷикистон то ҳол идома дорад. Ин кор бар зарари Тоҷикистон ва мардуми Тоҷикистон аст. Давлат набояд ин гуна муносибат бо матбуот кунад.

Аммо, ман ба чанде аз фикрҳои муаллифи ин мақола мувофиқ нестам. Масалан аз онки мегӯяд давлат ба журналистон кумак кунад. Назари ман ин аст ки давлат кумак накунад, давлат халал нарасонад, давлат фишор наоварад, давлат нашрияҳоро набандад, худи матбуот ва журналистон ҳам роҳи худ, ҳам ҷойи худ ва ҳам нони худро меёбанд.

Аммо инки давлату ҳукумати мо як низом ва режими баставу диктаториро барпо кардааст, табиист, ки наметавонад пуштибонии ҷомеаи журналистони асилро касб кунад.

Ин буд фикрҳои ман нисбати ин навишта.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №295 появились сначала на ISLOH.net.

«Амнистия»-и хунини Раҳмонов
Ошуб дар зиндони Ваҳдат, ноҳияи ҳампаҳлу бо пойтахти Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ду соли ахир мардум ва бавижа зиндониҳо ва хешу таборони онҳо сахт умедвори амнистияи ҳукумат буданд. Интизор мерафт ба муносибати 30юмин солгарди қабули Қонунӣ асосӣ, ки ба 6 ноябри соли 2024 рост меояд, дар Тоҷикистон амнистия эълон бишавад. Аммо, ончуноне мебинем Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Ҳукумати Тоҷикистон ҷойи имзои қонуни амнистия нақша ва саҳнаеро сохту ташкил намуд, ки майдони маҳбас хунин, зиндониҳо кушта ва хонаводаҳо ба мотам нишастанд…..

Раҳмонов даҳшатафканӣ мекунад, то мардумро тарсонад

Ошубе,ки чанд рӯзи пеш дақиқан дар торихи 3-уми феврали соли ҷорӣ  дар зиндони Ваҳдат руй дод, дар асл кадом ошубе набуд. Ин қаҳру ҷаҳл, ин заҳру зарби Раҳмонов, ин вокуниши заифона ва нафири ҷонбароии вай ба ҳаводиси Сурия, фирори Башор Асад ва давлатро ба даст овардани неруҳои исломӣ дар ин кишвар ва истиқболи ҷомеаи байналмилалӣ аз ин ҳукумати исломиҳо буд. Дар ҳар куҷо аз мамолики олам, ки неруҳои исломӣ сари қудрат оянд, Раҳмонов дучори руъбу ваҳшат ва васвосу ҷинзадаву ҷунун мешавад.

Шояд, мепурсед, ки чи рабт дорад? Рабташ ин аст ки таҳти таъсири ин ҳаводис сукути ҷомеаи Тоҷикистон шикаст ва як руҳияи инқилобӣ кишварро фаро гирифт ва ҳарфу суҳбат аз инқилобу сарнагунии Раҳмонов дар фазои кишвар ба таври ошкоротар зада шуд.

«Баъди Асад навбати Раҳмонов»

Ин таъбир ва ҳаммонандсозиҳо дар расонаҳо, қиёсу муқобалаи Раҳмонов ва Асад, алалхусус ончуноне тазаккураш рафт истиқболи ҳукумати ҷадиди Сурия аз суи ҷомеаи байналмилалӣ, ки тавонист як тоғути айни Раҳмонов ба солҳои тулонӣ дар ҳукумат часпидаро вожгун ва русияҳ кунад, Раҳмоновро васваса мекард, ки коре бикунад, то ин руҳия бедоршуда аз нав ғунуда ва саркуб шавад. Ҳарф аз сарнагунии Башор Асад зада нашавад. Раҳмонов бо Асад қиёс нашавад, Раҳмонов Башор Асад нест. Ба мардум маҷол ва фурсат надиҳад, ки сар боло кунад, аз инқилобу аз саркашӣ аз интихобот бигуяд. Бояд коре бикунад, ки ин руҳияи бедор ва зиндашудаи ҷомеа шикаста ва тахриб бишавад. Бояд бигуяд, ки Раҳмонов Асад нест.

Инки дар фазои ин таҳаввул, инки дар ҳавои ин таҳаввул, инки дар зери таъсири заволи ғайримунтазираи Асад ҳарфи «Истеъфои Раҳмонов» дар девору дар ҷодаҳои манотиқи кишвар мусаббат шуданд, орому ихтиёри Раҳмоновро аз байн бурд. Дар километри 9уми Душанбе каллаи Эмомалиро дар як плакати бузург буридаанд. Дар чандин навоҳии пойтахти кишвар бо хатҳои калон Истеъфо Раҳмонов навиштанд.

Ин воқеиятро бояд эътироф намоем, ки Раҳмонов тамоми ҳисобу китоби воқеии афкори мардум ва таҳаввули ҷомеаро дар даст дорад. Медонад, ки ангезаи ин гуна руҳия гирифтани мардум аз куҷост. Медонад, ки ин ҳаводис ба руҳу равони мардуми тоҷик таъсири амиқ кардааст аст ва ин мардум қасду нияти пайравӣ аз ин тағйиротро доранд.

Бо ҳар қиммате ва то дер нашуда, кор аз кор ногузашта бояд пеши асароти ин ҳаводисро дар  руҳу равони мардум бигирад ва тавре нишон бидиҳад, ки не, вай ҳамоно зур, неруманд ва муқтадир аст ва ҳарф аз такрори иттифоқоти Сурия дар Тоҷикистон муҷозоти сангин дорад.

Ва, шишту тафаккур карду роҳи чораро боз ҳам дар зиндон пайдо кард. Чун таҷрибаи хунрезӣ дар зиндонҳоро дорад. Ва, дар берун ҳеҷ баҳона ва иллату асосе нест, ки хун бирезад, ончунон, ки бо баҳонаҳое Мирзо Зиёро, Алии бедакиро, Мулло Абдуллоро, Муҳаммадбоқирро кушт ва Ғарму Бадахшонро бо буи боруту танку туп ва аҷсоди онҳо мардумро тарсонд.

Мо, огоҳӣ ва хабар доштем ва дар навиштаҳои пешинаамон ҳам на як бору ду бор гуфта будем, ки Раҳмонов аз чанд вақт ба ин тараф, ҳатто қабл аз сарнагунии Асад дар қасди ташкили ҳамин гуна як ошуб дар кадоме аз зиндонҳои кишвар аст. Чунки вай аз оромиву осудагии мардуми тоҷик ҳарос дорад ва бояд ҳамвора фазоро мағшуш ва амниятӣ ва тарсолуд кунад ва мардум ва ҷомеаи кишварро дар як чунин фазо асир ва мутеъ бисозад. Тамоми сивусе соли ҳокимияти Раҳмонов ҳамроҳ бо ҷангу куштору зиндону зуриву қулдурӣ будааст. Аз ин ҷост, ки ҳодисаи Сурия тасмимашро қатъӣ кард. Ва нақшаро кашиданд ва зиндонро муайян карданд.

Шеваи қатл ва берун баровардани аксҳои кушташудаҳо

Қабл аз онки ба чанду чунии ин ошуби сохта ва ташкилӣ бипардозем, ин нуктаро, чун ҷойи гуфтанаш омадааст, бигуям, ки Раҳмонов қасди дар Ғарм ё Ваҳдат як ҷанги кучаки идорашавандаро ҳам дорад ва ин нақша  дар дасти баррасии дору дастаи вай аст. Вай, ҳамоно аз ҲНИТ чун барги бед меларзад ва ин ҳодисаро, ва то ҷое хабарҳо мерасанд «ошуб»-и зиндони Ваҳдатро ҳам бори ҲНИТ карданӣ аст.

Шумо як бор тафаккур кунед, ки ин ошуб, ки Раҳмонов эълон кард, то куҷо ба ақли кас рост мегирад?

Нуҳ нафар бо силоҳҳои буррандаву халанда ба посбонҳову муҳофизони мусаллаҳ ҳуҷум  кардаанд, бидуни онки кадом шарту шуруте дошта бошанд ва қасдашон ин буда, ки бигурезанд.

Агар ин нуҳ нафар девона ва ақлашон зоил шуда бошад ин корро хоҳанд кард. Ва, ёнки ҳамагон интиҳорӣ ва камикадзе бошанд, ин корро хоҳанд кард. Бубинед, вақте кас ба танг меояд, ҷонаш азоб кашидааст, талош барои наҷоти худ мекунад. Вале ин нуҳ нафар ҳатто агар бо «холодний оружия» мусаллаҳ шуда бошанд ҳам чи гуна бар муқобили посбонҳои мусаллаҳ, сарбозони мусаллаҳ, ки дар ҳашт гушаи зиндон дар вишка истодаанд, мебароянд? Бо чи умеде? Онҳо, ки инсонҳои солимақланд ва медонанд, ки бо буррандаву халанда коре анҷом дода нахоҳад шуд ва ин худкушӣ аст, чи гуна мехоҳанд бигурезанд. Ва, агар гурезанд ҳам, ки комилан ғайриимкон аст то куҷо мегурезанд?

Раҳмонов ва дору дастаи вай, албатта ва яқинан асли ҳодисаро ошкор нахоҳанд кард. Пинҳон ва пушида маҳфуз медорнад. Аммо он аксҳо кушташудаҳои зиндон, ки маълум нест чи гуна дар расонаҳо роҳ ёфт ва ё махсус  барои боз ҳам таҳти фишор ва тарс қарор додани мардум утечка шуда аст, сохта ва дуруғин будани ин ҳодисаро тасдиқ мекунад. Дар бадани ҳеҷ яке аз ин ҳафт акс нишон ва осори тир нест ва онҳо болои хуне ғалтонида шудаанд, ки то овардани онҳо резонида шудааст, балки либосҳо ҳатто хунолуд нестанд. Магар тир аз либос нагузашта чи гуна одамро мекушад? Ва агар аз либос гузашт чаро осораш нест ва чаро сару либосҳо хунолуд нестанд. Балки баъзе аз формаҳои дар тани мақтулин кандаву дарида аст ки нишон медиҳад ин нафарон то инки кушта бишаванд кашталгирӣ, занозанӣ ва ҳарб кардаанд. Яқинан ин нафаронро аввал дар ҷойи дигари зиндон кушта сипас ба танашон либос пушонида ва болои хуни маҳбусҳои кушташудаи дигар оварда монда сипас акс гирифта «утечка» кардаанд.

Дар баёнияи расмӣ мегуянд, ки ночор шуданд аз силоҳи оташфишон истифода кунанд.

Магар як инсон, ки барои раҳоии ҷонаш аз зиндон фирор карданӣ аст, бо садои тир дар ҳифзи ҷонаш мешавад ва ё боз ҳам ба тарафи тирандозҳо ҳамла мекунад? Бо кадом ақл?

Агар ин нуҳ нафар ҳамла бо корду оҳани бурандаву халанда кард, чаро ба пояш тир назадед, чаро ба китфаш назадед? Чаро куштед? Чаро масалан маҷруҳ накардед?

Ин баёнгари он аст ки нақша аз аввал куштан буд ва онҳо, ки кушта шуданд, аксарият, балки ҳамагӣ нафароне буданд, ки бо иттиҳоми моддаҳои марбут ба ҷиноятҳои террористӣ зиндонӣ шудаанд. Ҳиҷ ақли салиме бовар намекунад, ки ин нафарон бо корд муқобили автомат бароянд. Инро Раҳмонов медонад. Ҳиҷ бандите ин гуна роҳи гурез пеш намегирад, чун ин роҳи гурез ақалан то дами дар хуруҷии зиндон намебарад.

Дар даруни ин нуҳ нафар ҳатман 3-4 кас пайдо мешавад, ки бигуяд мо бо холодний оружия то куҷо пеш меравем ва агар корд занем онҳо намепаронанд? Ҳатмани ҳатман буданд ва мегуфтанд. Пас аз сохтагӣ ва ҷаълии ин «Ошуб» ба вузуҳ дарак медиҳад.

Маълумоти расида аз КДАМ ва СИРҶ ба Ислоҳ

Бинобар хабарҳое, ки манобеъи наздик ба тафтишоти ин қазия дастрас карданд, тахминан дар ду ҳафтаи ахир бо баҳонаи «этап» аз Хуҷанду Бохтар (Қурғонтеппа) ва Кулобу Душанбе чандин нафар аз маҳбусони бо айни моддаҳои зикршударо ба зиндони Ваҳдат овардаанд. Ҳамин манбаъ афзуд, ки шумори онҳое, ки дар ҳодисаи рӯзи 3 феврал кушта шуданд аз 60 нафар кам нестанд ва боз ду нафари дигарро дар рузи 6 феврал бо тир зада куштаанд.

Ин манбаъ гуфт, ки ин нафаронро дар девори саҳнаи зиндон чухт монда бо тири автомат аз масофаи 15-20 метр куштаанд. Ин куштори ваҳшиёна на аз тарафи посбону сарбозони ин зиндон, балки тавассути спетзназ ва «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба иҷро расонида шудааст ва онҳое, ки кушта шудаанд, ҳамонҳоеанд, ки чанд рӯзи пеш аз зиндонҳои дигар этап шуда ва дар камераҳои ба истилоҳ карантин нигоҳ дошта мешуданд. Ин манбаъи мо, дар…….кор мекунад, бинобар шаҳодати як дубак ва ду нафар баклану ду нафар контролери муассисаи ислоҳии3/2-Ваҳдат гуфт, ки гурӯҳи саропо мусаллаҳи «АЛФА» вориди зиндон шуда бо як ваҳшоният ва шамотат ва дашному ҳақорат тамоми кормандони зиндонро вориди кабинет ва ҷойҳои корӣ карда дару дарвозаҳои зиндонро баста ва ин шумори маҳбусонро ба рагбор бастаанд.

Дар майдони ин кушторгоҳ, ки дар аксҳо мушоҳида мешавад, ҷоҷо сангҳо партофта шудааст ва изи тарӣ, яъне обе мушоҳида мешавад, ки ходимони «АЛФА» хунҳои ин шаст нафарро шуста ва сипас аҷсоди дар аксҳо намоёнро оварда дар ҷойи кушторгоҳ патофтаанд ва худи ҳамон шаб бо мошинҳо аҷсодро ба зодгоҳашон бурда ва худашон гуронидаанд, ҳатто бидуни онки салоти ҷаноза бар ин кушташудаҳои мусалмон баргузор кунанд.

Аломатҳои ДОИШ дар кулоҳҳои кушташудаҳо

Як нуктаи дигарро бароятон махсус тазаккур медиҳам. Ҳамон кулоҳе, ки дар сари шаҳидони ин зиндон бо сабти ДОИШ ва калимаи шаҳодат навиштаанд, магар бовар карданӣ аст? Ин кулоҳҳоро дар ҳодисаи дигаре, ки соли 2018 дар тобистон, дар ин зиндон руй дода ва онро ҳам бори гардани гурӯҳҳои исломӣ карда буданд, пушонидаанд.

Як саволи оддӣ? Чаро ин кулоҳ аз сари нафаре, ки кушта шуд, науфтодааст? Вай, ки ба замин уфтод. Магар, не? Ва, дигар инки нафаре, ки фикри гурехтан аз зиндонро дорад, чаро ба сараш кулоҳи ДОИШ бикашад? Вай, ки гурехтанӣ ва имкони боз ба даст уфтоданаш ҳаст ва медонад, ки ДОИШӣ будан ин ҷиноят аст, чи гуна худро бо дастони худ муҷрим бисозад? Маълум аст ки ин кулоҳро худи қотилон ба сари зиндониёни мақтул пушонидаанд. Хулоса Раҳмонов тавассути ин нишонаи ДОИШ чанд паём дорад,ки онро ба онҳо ба шакли тақрирҳо шарҳу тавзеҳ медиҳад. Масалан барои мардум ва аҳолии кишвар паём мегузорад,ки ҳар касе мухолифи ман аст ӯ ДОИШи аст ва ана ҳаминхел мекушам. Ё шумо бо мухолифини сиёсии ман хушбин набошед,ки онҳо террористанд. Ба кишварҳои хориҷӣ паём мегузорад, ки ман бо террористон даступанҷааму бубинед зиндонашон кардаам ва инҳо террористанд. Дақиқан ин сенария дудмонаш Русия аст ва спецслужбаи ду кишвар, ки бо ҳам кор мекунанд. Ҳамаи мо ва шумо шоҳиди он будем,ки дар Русия соли гузашта шоҳиди чанд «ОШУБ» дар зиндонҳояш будем,ки дақиқан бо ҳамин наҳва буду зиндониён кушта шуданд. Агарчи боз гарвгонгирӣ тавассути навор аз тарафи зиндониён дида мешуд. Аммо сенарияи тоҷикии ончи дар Русия гузашт ҳамеша яксон будааст.

Куштор дар зиндон ҷанги Равонӣ бар алайҳи мардум…

Ошуби зиндони Ваҳдат як бозии дигари Раҳмонов алайҳи мардум аст. Вай болои мардум ва бо мардум ба ҷанги равонӣ бархостааст, фишору таҳдиди равонӣ ворид карда истодааст, то руҳияи инқилобии мардум ҷариҳадор бигардад.

Раҳмонов хуб медонад, ҳоло ин тавтиаро ба амал набароварда медонад, ки мардум ба ин ошуб бовар нахоҳад кард. Аммо барояш намоиши қудрат, таъкиди қудрат ва бори дигар паём додану огоҳ кардан аст ки вай ба ҳамагуна ҷиноят омода аст агарки мардум қасди сарнагунии вайро кунанд. Хуллас то замоне, ки ҳаст набояд паст ояд.

Раҳмонов дар ташкили ошубҳо дар зиндонҳо таҷриба касб кардааст. Инҷо касе намефаҳмад, ки дар асл чи гап шуд. Аммо болои террористҳо ДОИШу дигару дигар бор мекунаду бо ҳамин тамом. Ин як макони мамнуъ аст ва дар назарҳо пинҳон. Ҳатто агар лозим шавад аз подвали КДАМ чанд нафарро бо моск зоҳир мекунаду ин спектаклашро тавассути зери подвалбудаҳояш тасдиқ мекунонад. СС ҳама вақт омода аст ин наворро нашр намояд. Чун мо бештар гуфтем дигар ҳоло то ин дақоиқ онро нашр накардаанд.

Чаро маҳз ин куштор дар зиндон мешавад?

Чун зиндонҳоро ҳаматарафа контрол мекунад, мушкил надорад ва ҳама чиз тибқи нақша ва барнома пеш меравад, касе намебинад, ки чи кор мекунад. Дар берун дигар ҷо ва дигар чизе намонд, ки бизанад ва битарсонад.

Бояд Тоҷикистонро ҳамеша уязвимий, осепазир ва таҳти хатари гурӯҳҳои исломӣ нишон дода истад.

Барои Раҳмонов муҳим нест, ки чанд нафар ва бо чи баҳона бояд ошуб кунанд, муҳим ин аст ки нишон бидиҳад, ҳануз чизе иваз нашудааст, вай ҳамоно ҳамон тавре буд ҳаст. Зур, муқтадир, бераҳму шафқат, шикастнопазир аст. Қиёси вай бо Асад дуруст нест. Яъне ӯ аз Башшор қотилтару ваҳшонияттар аст.

Бо ин қатли пеш аз интихоботӣ чи ҳадаф дорад ?

Раҳмонов мехоҳад ба мардуми тоҷик нишон бидиҳад, ки инону ихтиёри умур таҳти контролаш аст. Ончуноне гуфтем ҳадафи аслӣ ва асосии ин ошуб саркуб ва шикастани ирода ва руҳияи бедоршудаи мардум ва ҷилавгирӣ аз ҳаргуна тазоҳуроту инқилоб аст.

Раҳмонов дар ростои  интихоботи Маҷлис, ки барои баргузории он як моҳ ҳам боқӣ намондааст ва қасд дорад боз ҳам Рустамро раис ва нафари дуввум бикунад дар қайду биму ҳароси такрори ҳаводиси Сурия мондааст. Ҳузури намояндаи ҲНИТ дар ҳукумати ҷадиди Сурия Раҳмоновро сарвайрон кардааст. Таваҳҳум ва кобус орому қарорашро гирифтааст. Хоб надорад, ки ҲНИТ дигарбора хоҳад омад. Сари муе шак надошта бошед, ки инхуди Раҳмонов аст ки коргардон ва муаллифи ин фоҷеа аст ва ин қисмати чандум ва поёнии ин сериёл аст чизе гуфтан душвор аст. Ва то замоне Раҳмонов ҳаст ин силсилаи кушторҳо идома хоҳад кард. Сериёл бо ин хатм намешавад. Ва, ҳатто ҳамин зарбу лати сардори ин зиндон Садриддин Шарипов, сарҳанги вазорати адлия, ки бо кличкаи «Аккордеон» маъруф асту солҳо пеш, вақте барои таҷовузи чандин зани шудор аз зиндони занонаи Норак ронда буданаш ( маълумоти зиёде дар бораи ин нафар дар дасти мо расидааст) сохтаву дуруғӣ аст. Барои он ин корро карданд, ки сардори зиндонро беҷазо монанд ва аз об хушк дарбиоваранд.

Бинобар маълумотҳое, ки ба дасти мо расидааст Раҳмонов қасд дорад, ки ин ҳодисаро бори гурӯҳҳои исломӣ карда ва ҲНИТро муқассир бидонад. Ва ба ин васила бигуяд, ки овардани ба гуфтаи Раҳмонов террористҳо дар Сурия ва дар Афғонистон иштибоҳ аст. Ва, ин ӯ аст ки террорист будани онҳоро исбот мекунад.

Сиёсати Раҳмонов, моҳият, мағз ва асли он бар руи ҳамин ақида, ки исломиҳо ва махсусан ҲНИТ хатарнок аст устувор аст ва ин трази бархурд ва ин равиши сиёсиаш аз оғози фаъолияти 33 солааш иваз нашудааст.

СССР, нашрияи марбут ба мақомот, ба вижа КДАМ, ки борҳо мушоҳида кардем, қабл аз эълони иттиҳомоти расмӣ айбномаро эълон мекунад, дар робита ба ин ҳодиса ин тавр навиштааст:

«Сарчашмаҳои ба таҳқиқи ин ҷиноят наздик, ба шарти набурдани ном, ба СССР гуфтанд, «дар ин ошӯб изи пойи ТЭТ ҲНИ, ки шохаи ДИИШ аст, сахт мушоҳида мегардад».

Раҳмонов қасд дорад барои ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон диҳад, ба Амрико сармогузори асосии муқобала бо террористҳо  нишон диҳад, ки бовар кардан ба ин гурӯҳ нодуруст аст. Вай тобу тоқати онро, ки ҷаҳон иваз шудааст ва сиёсати ҷаҳонӣ ин тавр натиҷа гирифтааст, ки диктаторҳо бадтар аз ба истилоҳ террористҳоанд, барояш қобили қабул нест, ғайритасаввур аст. Раҳмонов ҳақ ва нақши исломро қоил нест ва душмани рушди инсоният мешуморад. Бигзорад, ки вай чил сол биистад ва боз ҳукуматро ба писараш супорад.

Мардум аз соли гузашта ба ин тараф аз Раҳмонов амнистия мунтазир буд. Ва, Раҳмонов ҳам ба интизороти мардум вокуниш кард. Ва ҳамин куштори Раҳмонов дар зиндон вокуниши вай аст. Акнун фамидед,ки интизори афв ва бахшиш аз Раҳмонов чи авоқиби нохушеро дар пай дорад ? Борҳо гуфтем ва боз ҳам мегуем. Ҳаргиз аз Раҳмонов таваққуъ надошта бошед ӯ шуморо «АФВ» мекунад! Бале шумое,ки бо моддаи 307 маҳкумед! Инчунин хонаводаҳои зиндониён,ки фарзандону наздиконатон дар зиндонанд Раҳмонов онҳоро Амнистия мекунаду раҳо мегарданд. Амниястияи Раҳмонов қатл аст! Раҳмонов як шабаҳ ва як Даҷҷол аст,ки Раҳмаш азоб ва азобаш фирор аз кишвару бе хонумон шудан аст. Ҳаргиз ба суханону ваъдаҳояш бовар накунед!

Ҳаводиси Сурия мардуми тоҷикро зинда кард. Таҳти таъсири ин ҳодиса боло гирифтани афкори зидди Раҳмоновӣ, бедор шудани мардум ва фаро гирифтани руҳияи инқилобӣ поҳои ҳукумати вайро мутазалзил кард.

Тамоми ин муддате, ки ҲНИТро заду берун карду террористӣ хонд, бо омадани як наҳзатии тоҷик дар ҳукумати Сурия ҳамаи ин иттиҳомот ва туҳматҳо ботил шуд. Барои Раҳмонов ин ки як «наҳзатӣ» дар ҳукумати исломиҳои Сурия мақом касб кард, баробар ба «ташрифи ногаҳонии ҳазрати Азроил ё Малакулмавт» аст.

Иллати асосии соли гузашта амнистия надодани Раҳмонов ҳам ин буд, ки намехост афроде, ки дар зиндон муқобилаш шудаанд, то интихобот ба берун бароянд ва таҳти таъсири мухолифини вай ба ягон корҳое даст бизананд. Вай амнистияро бо куштори оммавии зиндониҳо иваз кард.

Ps: Албатта таҳқиқоти «Ислоҳ» дар қазияи куштори ваҳшиёна дар зиндони 3\2 Ваҳдат идома дорад. Ҳатман маълумоте пайдо шуд онро тақдиматон менамоем.

Дар охир ин эълонро барои ҳама он афроде, ки маълумоти дақиқи мустанад дар даст доранд онро ба «Ислоҳ» фиристанд. Агар маълумотатон муҳим бошад ҷоизаи моли ҳам доред!

Сообщение  «Амнистия»-и хунини Раҳмонов появились сначала на ISLOH.net.