Архивы Рейди ҳиҷоб - ISLOH.net

Э.Раҳмонов дайюсиро қонунӣ кард, оё мардони тоҷик ба ин розиянд?
Ниҳоят Раҳмонов сатру ҳиҷоб-пушиши зани мусулмонро барои бонувони тоҷик қонунан мамнуъ кард.Ҷорӣ кардани меъёри зидди сатру ҳиҷоб ва риш дар қонун идомаи сиёсатҳои исломситезонаи Раҳмонов аст ва он як амали ғайриинтизор набуд. Нафаре, ки бо шиори «Нест бод ислом» ҳокимият гирифтааст, бояд ҳамин тавр ҳам мекард. Акнун сатру ҳиҷоб низ дар шумори созмонҳои исломии мамнуъа шомил ва ғайриқонунӣ эълон шуд ва ҳар бонуе онро ба бар кард, муҷозот мешавад. Воқеияти ҳам ин аст ки Раҳмонов сатру ҳиҷобро барои исломӣ буданашон мамнуъ эълон кард,на барои «бегона» ва «ғайр» будан. Агар бо ин асос либос барои занҳоро «танзим» мекард чаро «фата»-ро манъ накард, чаро миниюбкаро манъ накард?

Бешубҳа, ҳар як мусалмон, чи дар Тоҷикистон ва чи дар сартосари ҷаҳон бо шунидани ин амал ангушти ҳайрат мегазад.

Чаро ҳукумати Тоҷикистон ин қадар бо сатру ҳиҷобу риш ҷангу ҷидол мекунад? Ин ҳама танаффур ва ин ҳама хусумату хушунат бо сатру ҳиҷоб аз куҷо маншаъ мегирад ва чаро?

Ингор, ки сатру ҳиҷоб ба амнияти давлату давлатдор таҳдид мекунад, ингор,занҳои муҳаҷҷаба ва сатрпуш асокиру афсарҳои ДОИШ ва Ансоруллоҳанд,ки хобу хур ва роҳату оромиши Раҳмоновро барҳам мезананд. Вагарна ин ҳама муқобала ва мубориза ва масоф бо қудрату неруи давлат бар алайҳи сарпуши занҳо ва риши занахи мардҳо чи маъно дорад?

Як нуктаро мардуми тоҷик бояд бидонад ва шакке бар он надошта бошад. Тамоми ин моҷаро, тамоми ин мағлата, тамоми ин машғала, тамоми ин фитнаву иғвову дасиса кори касе ба ҷуз аз худи Раҳмонов нест. Ҳиҷ номусулмонтаре аз худи Раҳмонов дар ҳукуматаш нест, ҳиҷ мансабдору вазифадоре дар ин ҳукумат онгуна ки Раҳмонов бо ислому мусалмонон мушкил дорад, мутанаффир аст, нест. Бори дигар мегуям, ки иллат ва асоси мамнуъа ва муҷозот пешбинӣ кардани Раҳмонов барои пушиши сатру ҳиҷоб ба ислом марбут будани онҳост.

Дар арафаи фарорасии моҳи мубораки рамазон, рӯзи 9 марти имсол дар мулоқот бо аҳли уламо изҳор дошта буд, ки ба қонуни танзим бояд ислоҳот ворид ва мубориза бо бегонапарастиро қонунӣ кард.

«Бегонапарастӣ» ва «фарҳанги бегона» таъбиру таъвиле аст ки Раҳмонов дар нисбати сатру ҳиҷобу риш истифода кардаасту истифода мекунад. Раҳмонов ошкоро дини ислом ва фароизу аркони онро барои миллати тоҷик бегона мешуморад.

Ҷаримаи ҳангуфт ҷорӣ кардан барои пушидани сатру ҳиҷоб ва воридоту тавзеъи он далели боз як пилла болотар рафтани хусумату душмании Раҳмонов бо дини ислом аст.

Бинобар тағйироти ворида ба қонуни танзим минбаъд пушидани сатру ҳиҷоб мамнуъ ва ғайриқонунӣ шуморида шуда тибқи қонун ҷавобгарӣ дорад.

Бар пояи тарҳи нави қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим», ки бо имзои Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Ҳукумати Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон ироа шуда буд ва онро парлумон рузи 8 май тасдиқ кард, ҳаҷми ҷарима барои риоят накрадани ин меъёр аз 8 то 65 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шудааст: -барои «овардан, фурӯш, тарғиб ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона тибқи моддаи 18 лоиҳаи қонун» Дар бораи танзими ҷашну маросим «ба шахсони воқеӣ 7920, ба шахсони мансабдор 39 ҳазору 60, барои шахсони ҳуқуқӣ 57 ҳазору 600 ва барои соҳибкорони инфиродиву олимону ходимони дин 54 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ мекунад. Дар сурати такрор аз 46 ҳазор то 86 ҳазор сомонӣ ҷарима карда мешаванд».

Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим» соли 2007 қабул гардида то ба имрӯз ба он чанд навбат тағйирот ворид карда шудааст. Агар мутаваҷҷеҳ бишавему расад кунем, ба хубӣ пай мебарем, ки тамоми ин ҳама муддат, ки ин қонунро чанд навбат иваз кард, сахттару сангинтар кардааст. Сахттару сангинтар бар муқобили ислому мусалмонӣ.

Зикри нуктае барои андеша.

Ин чанд солест, ки ба ночор дар Фаронса  ба сар мебарам мебинам, ки яке сатру ҳиҷобу чодар дорад, яке дигар бо либосҳои нимаурён, яке пироҳани кутаҳостин, яке бо палто, яке шим, яке бо домани кутоҳ, аммо касе ба касе кор надорад.

Дар воқеъ ин хоҳишу тасмими шахсии ҳар як кас аст ки чи бипушад ва чи напушад. Ҳар кас ба тану бадани худаш худаш хуҷаин ва соҳиб аст. На муаллим кор дорад, на табиб кор дорад-яъне дахолат намекунад ва на давлату раиси давлату парлумон, ки кӣ чи мепушаду чи мебандад. Ин кори шахсӣ ва ин ҳарими хусуси ҳамон нафар аст.

Аммо, аммо барои як зан ва як духтари мусалмон пушидани андом ва мастур будан аз чашми номаҳрам фарз аст. Агар ту як мусалмон ҳастӣ, боястӣ тавре ба бар намоӣ ва бипушӣ, ки ислом муқаррар кардааст, фармудаи Аллоҳ аст.  Ончики модарону духтарону хоҳарони мо сатру ҳиҷоб ба бар мекунанд, бар мабнои ҳамин фаризаи Илоҳӣ аст, гуфтаи худост.

وَقُل لِّلْمُؤْمِنَاتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ وَيَحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنْهَا ۖ وَلْيَضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَىٰ جُيُوبِهِنَّ ۖ وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ أَوْ آبَائِهِنَّ أَوْ آبَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ أَبْنَائِهِنَّ أَوْ أَبْنَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِي إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِي أَخَوَاتِهِنَّ أَوْ نِسَائِهِنَّ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُنَّ أَوِ التَّابِعِينَ غَيْرِ أُولِي الْإِرْبَةِ مِنَ الرِّجَالِ أَوِ الطِّفْلِ الَّذِينَ لَمْ يَظْهَرُوا عَلَىٰ عَوْرَاتِ النِّسَاءِ ۖ وَلَا يَضْرِبْنَ بِأَرْجُلِهِنَّ لِيُعْلَمَ مَا يُخْفِينَ مِن زِينَتِهِنَّ ۚ وَتُوبُوا إِلَى اللَّهِ جَمِيعًا أَيُّهَ الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ

[الجزء: ١٨  |  النور  |  الآية: ٣١]

«Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашмони хеш бибанданд ва шармгоҳи худ нигоҳ доранд ва зинатҳои худро ҷуз он миқдор, ки пайдост, ошкор накунанд ва миқнаъаҳои (рӯймолҳои) худро  то гиребон фурӯ гузоранд ва зинатҳои худро ошкор накунанд, ҷуз барои шавҳари худ ё падари худ ё падари шавҳари худ ё писари худ ё писари шавҳари худ  ё бародари худ ё писари бародари худ ё писари хоҳари худ ё занони ҳамдини худ ё бандагони ( ғулому канизони) худ ё мардони хидматгузори худ, ки рағбат ба зан надоранд ё кӯдаконе, ки аз шармгоҳи занон бехабаранд. Ва низ чунон пой бар замин назананд, то он  зинат, ки пинҳон кардаанд, дониста шавад. Эй мӯъминон, ҳамагон ба даргоҳи Худо тавба кунед, бошад, ки растагор гардед.» (Сураи Нур, Ояти 31)

Вале чаро Раҳмонов бо онки ин ҳамаро медонад,бо онки медонад, мустақиман ва руирост бар муқобили амру наҳйи Аллоҳ мебарояд,боз ҳам хашинтар ва боз ҳам душманонатар пеш меравад? Мушкили Раҳмонов бо ислом ва мусалмонӣ чӣ аст? Беш аз пеш зиёдтар ва «громкийтар» бар зидди ислому мусалмонон дастур қарор содир мекунад. Худро як сарбози сарсупору ҷонфидои мубориза бо ислом муаррифӣ мекунад. Мегуӣ Натаняҳу дар пеши ин чизеву касе нест. Мегуӣ, ки олу уруқаш ба Абуҷаҳлу Абулаҳаб мерасад. Ҳар қадар зиёдтар ва баландтар иқдом мекунад. Мехоҳад, ки уро ба унвони як раҳбари давлате, ки душмани қасамхурда ва сарсахти ислом аст, бишиносанд.

Ин корро барои кӣ карданӣ аст? Барои Тахминаи Клеопатра? Барои Озода? Барои Рухшона? Барои Парвина? Барои Зарина? Чун онҳо бо сатру бо ҳиҷоб миёнаи хуб надоранд, «евроремонт»-ро нағз мебинанд. Шароит фароҳам оварад, ки онҳо бидуни мумониат нимабараҳна бигарданд? Магар кӣ кордор шудааст, ки Азизмо пироҳанашро бикашаду юбкаи калтакутаҳ бипушад? Поҷома сангинӣ карда бошад, лублучак кунаду гардад. Кӣ кордор мешавад?

Аммо бо пушиши зану духтару модари мардум чи кор дорад? Ин ҳамоқат ва аблаҳӣ охир дорад ё хайр? Ҳоло агар давлат демократӣ ва дунявӣ ва иҷтимоӣ буда бошад,пас пушидани навъи либос ихтиёрӣ нест, ҳақи ҳар фард нест, ки чи бипушад ва чи напушад?

Мухолафати Раҳмонов бо сатру ҳиҷоби мусалмонӣ аз солҳо пеш идома дорад. Ҳамин қонуни танзим,ки қабул кард,аслан барои ҷилавгирӣ аз ҳамин нишона ва аломатҳои исломӣ аст. Бо онки дар шумори 500 мусулмони бонуфуз ворид шудааст, бо онки соли Имом Абуҳанифа баргузор кард, бо онки панҷ бору шаш бор умра рафт,  эҳром баст, бо онки дар сари мавзолейи Майрами гурсухта даст ба дуо бардошт ва бар мусулмон будани худ таъкид кард, «ташаббус» -ҳое мекунад, ки ангушти тааҷҷуб ногазида намешавад.

Қадам ба қадам, зина ба зина доираи ҳузур ва ҷойгоҳи исломро дар Тоҷикистон маҳдуд ва  танг карда истодааст. Ҳамин қонуни танзимро аз аввал то ба ҳоло пайгирӣ кунед, худатон шоҳид мешавед. Масалан барои духти либоси миллӣ вазорати фарҳанг муваззаф шуд, масалан борҳо рейдҳо доир карда сатру ҳиҷобро аз сари занҳо кашида гирифт, аз муассисаҳои давлатӣ берун кард ва ҳатто дар даромадгоҳҳо эълон насб кард, ки барои ҳиҷобпушон даромадан мамнуъ аст, барои риш чандин нафарҳо ҷазо гирифтанд, хуллас корҳое кард, ки исломро дар азҳон ва афкори мардум хурду ҳақир кунад. Ва ҳоло акнун гирифту меъёри қонун кард.

Сатру ҳиҷоб намод, нишон ва фарзи исломӣ аст. Он ғурури мусулмонҳост, он ҳарими хусусии онҳост. Касе ҳад ва ҳақ надорад, ки онро аз сари як зани мусалмон бикашад.

Раҳмонов қонуни худро болотар аз қонуни худо карда истодааст. Раҳмонов қонуни худро дурусттар аз қонуни Худо дониста истодааст. Раҳмонов қонуни Худоро ноқис бароварда истодааст. Дар ҳоле ҳеҷ тағйиру табдиле дар каломи Аллоҳ нест ва ин ҳақро ҳеҷ касе надорад. Раҳмонов ба муқаддасоти мусалмонҳо, ба нангу шарафи мусулмонҳо таҷовуз ва таарруз карда истодааст.

Тоҷик мусалмон аст. Зани мусалмони тоҷик ҳиҷобу сатр мекунад. Аммо Раҳмонов онро бегона мехонад. Яъне вай гуфтанӣ аст ки ислом барои тоҷикҳо бегона аст. Вай исломро бегона мешуморад.

Баъди қабули ин қонуни зидди дастуроти Худо даҳҳову садҳо нафар аз ҳамватану ҳамзабонони мо Раҳмоновро Абуҷаҳлу Абулаҳаб ва тоғуту мушрик эълон карданд. Шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз ҳарфи лаънату нафрат ба Раҳмонов шудааст.

Аммо, ҳамчуноне гуфтем, Раҳмонов ҳисобиву нақшаӣ бар алайҳи ислом ҷанг мекунад. «Қонуни танзим»-и Раҳмонов маҷмуи танаффур ва хусумати вай, эҷоду осори пур аз кинаву кинояи вай бар муқаддасоту арзишҳои олии мусалмонҳо аст. Сартопои ин қонун зидди аҳкоми илоҳӣ аст.

Дар соли 2017 ин қонунро бо тиражи миллионҳо мунташир ва хонабахона тақсим кард. Ҳатто дастур дод, ки ба ҳар як сокини Тоҷикистон як нусхаӣ дастрас кунанд. Ҳамон сол, ки дар моҳи август ин қонунро бори дигар бознигарӣ кард, дастур дод, ки дар оянда барои  риоя кардани сарулибоси миллӣ банду модда ворид кунанд. Вай он замон гуфта буд, ки «Мо намегузорем, ки дигар тақлид кунанд. Ҳамаи ин ғамхорӣ дар ҳаққи мардум аст».

Кадом ғамхорӣ дар ҳақи мардум? Магар «ғамхорӣ дар ҳақи мардум» кашидани румол аз сари занҳои онҳо аст? «Ғамхорӣ»-ро дар сару либоси мардум мекунӣ? Чаро барои бонуҳо ҷойи кор намесозӣ? Албатта, маълум аст ки «тақлид» гуфта вай пушидани сатру ҳиҷобро дар назар дорад. Сатру ҳиҷоб барои раҳмонов «бегона» аст. Вай дар сатру ҳиҷоб «ифротгароӣ»-ро мебинад ва гумонаш ин аст ки зани тоҷики мусулмон агар сатру ҳиҷоб кард вай ифротгаро аст. Ва «ифротгаро»-гуфта вай киро дар назар дорад маълум аст. Вай барои он сатру ҳиҷобро бегона ва аз миллат берун кардан мехоҳад, ки аз ислому аз исломиҳо сахт метарсад. Агарчи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро мамнуъ ва ғайриқонунӣ хондааст, ҳамоно дар ҳар сатру ҳиҷобпушу ришдор наҳзатиро мебинад. Аслу асоси тарси Раҳмонов ҳамин аст. Сатру ҳиҷобро барои он чашми дидан надорад ва бад мебинад, ки сатрпушу ҳиҷобпушро тарафдори ҲНИТ мешиносаду меҳисобад. Ин қадар ҲНИТ-ро бад мебинад,ки намедонад сатру ҳиҷобу риш то ҲНИТ ҳам буд ва баъд аз ҲНИТ ҳам мемонад ва сатру ҳиҷобу риш фақат дар Тоҷикистон нест, дар тамоми дунёи ислом ҳаст.

Барои ҳамин аст ки сатру ҳиҷобро ҳам мамнуъ кард.

23 августи соли 2017 парлумони Тоҷикистон бо баргузори  як ҷаласаи ғайринавбатӣ (ғайринавбатӣ??!!) ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»  боби наверо илова кард, ки дар он, аз ҷумла, ӯҳдадориҳои шаҳрвандон дар заминаи пӯшидани либоси миллӣ ворид гардид.Бинобар моддаи 14-и боби 4 ,ки «Ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо» ном дорад, чунин илова ворид шудааст: «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд».

Ташаббускори ин тағйирот ҳам худи Раҳмонов буд. Раҳмонов дастури баргузории ин ҷаласаи ғайринавбатии парлумонро, ки вакилон дар истироҳат буданд дода онро баргузор кард. Аммо масъала ягон масъалаи изтирорӣ набуд, масъала масъалаи сатру ҳиҷоб буд. Ва барои бори аввал буд,ки «дар як қонуни Тоҷикистон ба зарурати танзими либос, мушаххасан, риояву ҳифзи либоси миллӣ таъкид карда шуд. Ин тағйирот дар пасманзари маъракаи сохторҳои давлатии Тоҷикистон дар амри мубориза бо либосҳои мазҳабӣ, аз ҷумла, пӯшидани ҳиҷобу сатр ворид гардид. Ҳамон шабурӯзҳо дар саросари кишвар сохторҳои ҳифзи қонун ва ҳам кумитаҳои умури занон ва дин рейди даҳрӯзаи (аз 3 то 13 август) сӯҳбат бо занону духтаронро баргузор карданд, ки ҳадафаш ҷилавгирӣ аз пӯшидани ҳиҷобу сатр буд. Танҳо як бахши гурӯҳи корӣ дар Душанбе дар давоми ин муддат бо 8000 занон сӯҳбатҳо анҷом дода, барояшон дар бораи «таъсири манфии фарҳанги бегона» маълумот доданд: «Мақомоти тоҷик мегӯянд, гароиш ба ақидаҳои ифротии мазҳабӣ, ки бегона ба фарҳанги миллӣ аст, аз пӯшидани либоси ғайрианъанавӣ аз назари арзишҳои миллӣ шурӯъ мешавад. Вале онҳое, ки аз ин маърака розӣ нестанд, мегӯянд, кори мақомот дахолат ба ҳаёти хусусии шаҳрвандон аст».

Ин иқтибоси нисбатан муфассал аз интернет барои он оварда шуд,ки шумо бифаҳмед Раҳмонов чи тавр ва бо чи ҳиллаву хидъва ва бо ҳарчи бештар ҷо кардани тарсу ҳарос дар дили мардум хоста ва таваққуъоти худро қадам ба қадам дар матни қонун ҷо кардаасту ҷо мекунад. Агар дар аввалҳо танҳо дар баромаду суханрониҳояш мегуфт вале батадриҷ онро вориди қонун карда ва акнун барои муроот накардани он мардумро наказат мекунад. Яъне ирода ва султаи шахси худро болои мардум ва дар чаҳорчуби қонун дорад бор ва пиёда мекунад ва акнун, ки қонун кард, дигар мақомот пайи татбиқи он мешаванд ва намунаи рушани он ҳамин навори ҳоло дар тамоми дунё дастрасе аст ки занҳоро дар як бемористон намегузоранд,ки ворид шаванд ва ҳатто як мард мегуяд,ки барои як румол шуда 3500 сомонӣ ҷарима насупор.

Раҳмонов ҳар аз гоҳе аз миллати куҳанбунёду соҳибтамаддун ва таърихи ҳазоруандсолаи тоҷик ҳарф мезанад. Аммо агар ин миллат ҳамон тавре, ки Раҳмонов тавсиф ва таъриф мекунад бошад чаро тули ин ҳама муддат куртаву эзору румолашро муайян ва мушаххас накард,ки акнун Раҳмонов таъин ва таҳия мекунад.Гуфтем,ку дар чаҳорчуби ҳамин сиёсати «сарулибоси миллӣ» ва зиддисатру ҳиҷобаш ҳатто вазири вақти фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода маҷбур шуда буд,ки моделйерҳо ва хайётону бурандаву дузандаҳоро маҷлис карда духтану сохтани куртаву эзори миллӣ бифармояд.

Бинобар навиштаи расонаҳо Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки «воқеан, ин зарурат аст ва ҳоло мубодилаи афкор ҷараён дорад. Эродҳо низ ҳастанд. Барои инки мо либоси миллиро риоя кунем, бояд намунаи либоси миллӣ дошта бошем.Хулосаи охирин, ки либоси миллии мо кадом аст, то ҳозир муайян нашудааст ва баҳсу талошҳо асосан дар заминаи ин ба вуқӯъ меоянд.»

То Эмомалӣ Раҳмонов ин мардум чи мепушид? Бараҳнаву урёну лублуч буд?

Масалан Майрами гурсухта, Қурбонбӣ, Узбакбӣ чи мепушиданд. Поҳояшон лич, мисли Рухшона буданд? Сарҳояшон лич, мисли Парвина буданд,шиму шорт мепушиданд, мисли Таҳмина, ё чоки гирбенашон мисли пешобағали бози Озода,ки чун теппаи куҳони уштури султон Увайси қаранӣ барҷаставу паҳну фарох буд? Сару сурату муи сару баёзи гарданашон пушида набуд?

Ин дигар яқин шуд, ки Раҳмонов як худонобовар аст,ба ҳеҷ чиз арзишу муқаддасоте эътиқод надорад. Мегуяд, ки «Худоро бо ақл мешиносанду бо қалб мепарастанд, на бо сару либосу сатру ҳиҷобу риш». Э, руҳот лахча, сиёҳи куни дег, э аблаҳи аҳмақ. Ин сатру ҳиҷоб фарз аст, фарз. Боз ҳам руят сиёҳ бо ин худошиносӣ! Худошиносе,ки ту бошӣ.

Ба ин саволҳо ҷавоб бидеҳ. Ҳамин Рустам нобурид аст? Сомон нобурид аст? Исмоили пингвин нобурид аст?

Масалан Фируза, Озода, Тахмина ва … многоточек-мулнуқта..ба шавҳарони расмиву қонуниашон бидуни никоҳ зифоф карданд?

Ҳоло фикр мекунӣ,ки бо ҷорӣ кардани якчунин маҳдудият метавонӣ орому осуда бошӣ? Ҳиҷ гоҳ орому осуда буда наметавонӣ, ҳатто агар тамоми занҳои Тоҷикистон мисли Заринаву Фарзона сару руяшонро луч кунанду сатру ҳиҷобашонро бикашанд ҳам. Чунки ин як кори зуракӣ ва маҷбурӣ аст ва бо муҷарради расидани камтарин фурсати мумкин бо ҳамон сатру ҳиҷоб ва шояд бо ягон либоси дигарашон танобе баста гарданатро дар посутуни қасри миллат овезон кунанд…Он вақт хоҳӣ фаҳмид,ки дастдарозӣ бо нангу шараф ва муқаддасоти мардум чи паёмаде доштааст….

Ps: Дар охир ба нухбагону уламои дохили ватан ва хориҷи он хитоб мекунам,ки дигар нагуед,шумо аз динатон ва нангу номуси зану духтаронатон ҳимоят мекунед! Қонунан Раҳмонов шуморо даюс кард ва дигар ба сина назанед, ки мардеду имон доред! Раҳмонов шуморо мисли худаш бе номус ва дайюс кард ва боз шарм нокарда ҳиҷоби сиёҳ ва танги туркӣ гуфта худро табраа мекунед. Ҳайфи ин мусалмонии шумо ва мард гуфтани худатон! Ин хитоб ба онҳое дар ҷомеъа суханашон таъсир дошту дорад ҳаст. Онҳое дар хориҷ аз ватанед медонам ҳолатон хуб нест ва дар фикри ҳифзи ҷонатон ҳастед. Аммо ба шакле эътирози худро бояд иброз дореду аз ин қонуни дайюссозии Раҳмонов интиқод кунед. Зинда мондану дайюс зистан? Аз ин зиндагонӣ марг бартар аст. Акнун шумо дар хориҷ ҳастед вале зану хоҳару модару наздиконатон дар ин бе шарафӣ бояд бизиянд. Оё туӣ дар хориҷ қарор дошта ба ин розӣ ҳастӣ ? Ҳаргиз не.

Аммо он ба ном муллоҳое ва имомҳое, ки дар дохилед беҳтарин роҳ ин аст ки аз минбарҳое дар ихтиёратон додаанд поён фароед ва раҳо кунед он минбарҳоро, вагарна шумо кумак кунандагони ин дайюс маҳсуб хоҳед шуд. Фарқ намекунад, ту кӣ будӣ ва кӣ ҳастӣ! Ёрирасони Раҳмонов набош. Таъовун дар исму удвонро медонед чист, дигар ба шарҳ ва тафсире ниёз надоред.

Аммо Сулаймон Давлатов бидон, ки номи ту дар таърихи ин миллат бо хати сиёҳ сабт хоҳад шуд ва тоза кардани он ғайри имкон аст. Агар имон дорӣ ҳарчи тезтар  истеъфо деҳ!

Сайдмукаррам агар имон дорӣ истеъфо деҳ. Айни вақт аст ки дар назди Аллоҳ собит намоӣ, ки кӣ ҳаст?

Эй, уламои дар, минбарҳо қарор доред, медонед коре карда  наметавонед. Беҳтар аст истеъфо диҳеду худро дар назди Аллоҳ ва халқи Худо шармандатар накунед!

Мо яъне миллат ин ҳолатро назорат хоҳем кард!

Сообщение Э.Раҳмонов дайюсиро қонунӣ кард, оё мардони тоҷик ба ин розиянд? появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №140
Маълум аст ки ин ҳукумат бо ислому аркону фароизи он мушкили ҷиддӣ дорад. Аммо, мутаассифона онҳое, ки худро рушанфикру пешқадам мешуморанд, онҳо ҳам дар тақвияти мавқеъу фикри онҳо ҳарф мезананду қалам меронанд. Барои як гуруҳе аз онҳо, масалан сатру ҳиҷоб либоси туркӣ ва арабӣ маҳсуб мешавад ва ба шиддат интиқод мекунанд, ки чаро бонувони мо ба онҳо тақлид мекунанд. Аммо вақте бонувони мо, масалан ба тарзу шеваи пушиши аврупоӣ ба кучаву хиёбон мебароянд, ба онҳо чизе намегуянд.

Ҳиҷоб моли турку араб нест. Ҳиҷоб фарзи исломӣ аст ва ҳар касе мусалмон аст онро риоят мекунад

Бубинед, ки чи гуна бар алайҳи тарзи пушиши бонувони мо сангар гирифта мешавад? Агар ҷомеаи мо мардумсолорӣ аст, пас, бигзор ҳар кас чи навъе либос бипушад, бо завқу салиқаи худаш ва мо набояд дахолат намоем:

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Дар шумораи пешина ду ҳолати воқеӣ аз ноҳияи Кушониёнро аз нашрияи СССР ба шумо роҳӣ карда будам. Ин бор ҳам як матлаби чопии СССР-ро бароятон мефиристам. То бифаҳмед, ки расонаҳо дар кишвар чиҳо менависанд. Махсусан он нашрияе, ки худро мардумӣ ва мустақил эълон кардааст. Матлаби СССР, чунин аст: «Қамари Шероз, хонандаи ҳамешагии рӯзномаи мардумии СССР аз ш. Бохтар ба идора занг задан (тел: 2385556), пешниҳод намуд, ки бигузор барои занону духтарони сатрпӯш ҷаримаи сангин пешбинӣ гардад. Ҳафтаи гузашта барои тамошои гулҳои Душанбе ва шодишарик шудан аз таҷлили Рӯзи пойтахт ба Душанбе сафар кардам. Дар роҳ чашмам ба занону бонувоне афтод, ки сарулибоси арабиву туркӣ доштанд. Ин тоифа мардум на хубиро мефаҳманд на қонунро риоя мекунанд. Қариб 99% бонувони мо рӯ ба анъанаҳои либоспӯшии туркҳо овардаанд. Ин либоси бегона аст! Баъзе аз қонунҳои кишварро бояд тағйир дод ва ҷазои чунин сатрпӯшонро сангинтар кард, бигузор барои пӯшидани сатру пероҳанҳои дароз амсоли абая ҷарима ҷорӣ карда шавад, масалан 10 000 сомонӣ! Чаро не? Мо бояд дар ҳифзи анъанаҳои миллӣ мубориз бошем!

Кушониён

Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман мехоҳам, ки дар бораи як ҷинояти гузаштаи раиси ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён хабар диҳам. Номи ин раиси ҷамоати беномусро рости хуб намедонам вале бо номи Муроди сиёҳ машҳур мебошад. Вай дар гузашта бо пораи калон дастгир шуд. Вале дере нагузашта боз ба вазифаи худ омад.Уро раиси ноҳияи Кушониён кришават мекунад. Раиси ноҳияи Кушониён писари Сироҷи Валӣ мебошад. Муроди сиёҳ бо ҳамроҳии куратори амният бисёр мардумро зулм мекунад. Ҳозир мавсими облава рафта истодааст. Ин раиси ҷамоат сарбозгириро ҳамроҳ бо куратори амният ба як бизнеси калон табдил кардааст. Аз сари ҳар як призивник аз падару модарҳо то даҳ ҳазор сомонӣ гирифта истодаанд. Ҳоли мардум дар азоби сахт аст.

Илтимос нашр кунед. Мо акнун шуморо ёфтем. Маълумотҳои ҷадид равон хоҳем кард. Бигзор номерҳои мо махфӣ монад. Ин раиси ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён ду сол пеш бо фуруши замини назди ҳавлигӣ ба даст афтода буд. Вале чи хеле гуфтам чанд вақт ногузашта боз бо дастгирии раиси ноҳия ҷойи худаш омад. Мардум барои гирифтани як справка рузҳо мунтазир мемонанд. Навбати дигар дар бораи куратори амният номаи махсус равон хоҳам кард.

Кулоб

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман як коргари ҳукумат аз шаҳри Кулоб. Ростӣ, ман пеш наворҳои шуморо медидам нафратам меомад, дашноматон мекардам.Чунки дар ишқи кору пули ҳукумат ғарқ шуда будам, золимонро тарафдорӣ мекардам. Баъдан, як наворатон бовар кунед, зиндагии маро иваз кард, яъне ҳидоят ёфтам. Фаҳмидам, ки тамоми гапе, ки шумо мегуед рост ва дарди миллати азизам аст. Ман акнун ҷонамро барои мардуми Кулоб дар хатар мондам. Мехоҳам Кулоби азизамро аз дасти дузду ғоратгарҳо раҳо кунам ва ман дар байни ин ҳукумати золимона муборизаро давом медиҳам.

Якум аз идораи ЗАГС-и Кулоб оғоз менамоям. Раиси он Марям ном дорад. Духтарони ин идора инҷоро ба як фоҳишахона табдил додаанд. Бойфрендҳояшон бошанд коргарони амният, коррупсия ва милисаҳо мебошанд. Духтарони архив бошанд, бо инҳо дар мусобиқаанд. Масалан Мавзуна, ки бойфрендаш Ёқуби коррупсия аст. Ҳар гоҳе бихоҳад даромада дар идорааш, дар ҷои хилват тамоми одиху фаҳшора мекунанд. Ёқуби коррупсия аз ноҳияи Восеъ аст. Як -ду сол пеш гадо буд. Ҳозир дар бари тарабхонаи Саидаи восеъӣ, яъне дискотека хурок мехураду аз мағозаи Пайкон либос мехарад ва Лексус зери пояш аст. Хело ғун кардааст. Ёқуб бисёр фасодкору зинопеша ва як инсони номард аст. Дар номаи дигар тамоми ҷиноятҳои ӯро менависам.

Мегузарем ба Мадинаи ғафс. Корманди идораи ЗАГС аст. Агар ту ариза барои шаҳодатномаро ба дигар коргарашон супорӣ, Мадина гирифта медаронад ё пинҳон мекунад. Кудаке, ки нав таваллуд шудаааст, чекҳояш 10 сомониву бист дирам, 11сомонӣ ва 13сомонӣ. Аризааш 10 сомонӣ ва нархи давлатии бланкааш   35 сомонӣ аст. Боз ту як моҳ зиёд даводавӣ карда пул масраф мекунӣ.

Аз як бланкаи шаҳодатнома 50 сомонӣ мегиранд.Аз болояшон ба кадом мақомот шикоят кунӣ ҳеҷ фоидае надорад. Мансабдорони мақомоти боло бо инҳо ишқварзӣ доранд. Дар байншон як нафар ҳаст Ислом ном дорад. Ин мард бовар кунед, ки аз раиса  зур кор мекунад, архивро тагу руй мекарда коратро ҳал мекунад. Аммо  Ислом як касалии безеб дорад. Ба вай мефорад, ки мардҳо …, аз қавми Лут аст.

Марямро дар назди дараш интизор мешавӣ, коратро ҳал намекунад. Вақте ки одамҳо зиёд ҳастанд даромада наметавонӣ. Шашлики Сайвалӣ меравӣ 3 сихаш мегирӣ, баъд мегуӣ, ман як муаллимаро бинам мебароям ва шашликро дида коратро ҳал мекунад. Марямро аз коргарҳояш шикоят мекунӣ, мегуяд ту чаро

пеши ман омадаӣ, ҳуҷҷатҳоятро ман гирифтам? Кас ҳайрон мешавад. Охир раис ва шахси масъул ту ҳастӣ ва масъулият дар ту аст, ту роҳбари ЗАГС ҳастӣ. Пас, мо пеши кӣ арзу шикоят кунем?

Марями раиса, инро бидон, ки аз ин руз ман як поямро дар эзорат мондаам. Пеш аз кор рафтан агар эзоратро дар ду поят бар кунӣ, хато аст. Ҳис кун, ки дар се поят бар мекунӣ, чунки як пои ман дар изорат аст.

Ба доди мардум расед. Пулҳояшонро наҷафед, надавонед.

Мегузарем ба раиси ДЕУ. Тамоми роҳҳои даруни шаҳри Кулоб валангор аст.

Раиси ДЕУ агар роҳҳои даруни шаҳрро соз намекунӣ, роҳи бозори Умед- 88, пеши Баҳор, чорроҳаи пеши Ориёнбанк ва роҳҳои Первоймай ва назди молбозорро соз намекунӣ ҳамаи сиру пиёзатро ру мезанонем. Ман медонам, ки ту чи тавр пулҳоро, барои таъмири роҳ сарф кардам гуфта санад мекунӣ.

Ба ҳукумат ҳуҷҷат пешниҳод мекунӣ, ки «ман 30 коргарро ҷалб кардаму маош додам ва 500 квадрат роҳро хуб кардам» ҳамааш фалшивий аст. Инро ҳам менависам, ки дар ҷайбат чи қадар пул меояд. Тамоми ҳуҷҷатҳои ту ба камиаш аз 50 ҳазор сомонӣ боло изофанависӣ дорад.

Раиси ободонӣ мо шо Аллоҳ дидам дар моҳи рамазон бевазанҳо ва ба коргарҳоят  орду равғану лапшаву биринҷ ба коргарҳоят хайр кардӣ. Ин хайри бузург аст мо шо Аллоҳ. Агар як коргарат шикоят кард, валлоҳӣ аз паят мешавам.

Сеюм раиси КЖКП –и Кулоб Бобоҷон ҷияни Сайёф! Ту ҳам ёд гир аз раиси ободонӣ ва маоши коргарҳоятро зиёд кун. Чунки коргарҳоят пасмондаву партови буйгирифтаи Қунғуротзода ва Назар Бахтиёрро тоза мекунанд ва онро берун аз шаҳр бурда мепартоянд, ки то шаҳр буй бад нагирад. Огоҳӣ барои ту, ки агар як коргарат шикоят кард, валлоҳӣ тамоми корҳоятро фош мекунам.

Чорум ба Назар Бахтиёр, раиси шаҳр гуфтаниам, ки ин чоплусу подхалимҳоятро ҷамъ кун ва зидди сатру ҳиҷоб  набароед, мардуми Кулобро озору азият надиҳед Валлоҳӣ ҳамроҳ бо Неъмат Қурбон ҷиноятҳои кардаатро ру мекунам. Аз сементҳои хонаат сар мекунам, аз куҷо омад кирпичҳои хонаат, аз куҷо омад тирезаҳоят, то дарвозаи хонаатро медонам, ки кадом сех овард

Панҷум Қунғуротзода, сардори милисаи Кулоб. Шаби моҳи рамазон ба ёдат ҳаст? Чи қадар мошиҳоро дашному ҳақорат кардӣ, ҳуҷҷату пулҳояшонро гирифтӣ? Ман коргари ҳукуматӣ ҳастам. Аз паи ман нашавед, дастгир карда наметавонед.

Ба ту амнияти Кулоб ҳам гуфтанӣ ҳастам. Ин рузҳо бо  бисёри коргарҳоят нишаста суҳбат мекунам. Дар бораи шумо бисёр гапҳо аст. Мегуянд, ки дар сезони облава то панҷоҳ нафарро меореду руст мекунед дар идораатон. Валлоҳӣ қасам як зан дар назди мағозаи Бадахшон пурсид, ки комиссариати ҳарбӣ дар куҷо аст? Гуфтам модарҷон чи кор дорӣ? Гиря кард. Гуфтам модар оби чашм накун, савор шав дар мошинам мерасонам. Дар роҳ пурсидам, ки чаро гиря мекунӣ? Гуфт «се руз шидай бачама ай донишгоҳ бурдан на телефонаш мегирад на медонам дар куҷо аст. Душанбею Қурған рафтам онҷо нест».Ман гуфтам модарҷон ман шуморо аввал амниятро нишон медиҳам. Аммо аввал комиссарати ҳарбиро бин, наёфтӣ баъд амният биё. Чунки дируз як коргари амниятии шиносам гуфт, ки чилу чанд нафарро овардаанд аз ҳар ноҳияву шаҳрҳо.

Намедонам он модар чи кор кард? Писарашаро ёфт ё не?

Бародар Муҳаммадиқбол. Номаам нашр шавад, боз идома медиҳам. Аз мардуми Кулоб хоҳиш мекунам, ки «хезен бародарҳо! Ҳар як ҷурму ҷинояти раису калонҳоро мебинед расонед ба Ислоҳ. Маро ҳам дар ин муборизаам дастгирӣ кунед. Ман як муборизи ҳукуматӣ зидди ин ҳукумати золим ҳастам. Мо мардуми Кулоб бояд инҳоро аз ҳукумат барканор намоем».

Хуҷанд

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман ба воситаи Ислоҳ мехоҳам дар бораи ду масъала, ки дар ин чанд гоҳи ахир тамоми мактабҳои кишвар ва алалхусус падару модарҳои талабаҳо-хамткунандаҳоро таҳти ташвишу фишор қарор додааст, суҳбат кунам. Ман, рости гап худам директори яке аз мактабҳои ин шаҳр ҳастам. Аз ин вазъу аз ин ҳолат бисёр ҳам ба танг омадаем, аммо намедонем, ки додамонро ба кӣ барем ва аз кӣ имдоду ёрӣ талаб кунем.Чунки ин корҳо, ки ман мегуям ба воситаи кормандони мақомоти қудратӣ сурат гирифта истодааст, агарчи аз номи мактаб ва шуъбаи маориф анҷом гирифта истодааст.

Масъалаи аввал ин аст ки ҳоло мо падару модарҳоро маҷбурӣ ба мактаб оварда аз онҳо забонхату баёнот гирифта истодаем. Дар ин баёнотҳо онҳо менависанд, ки агар бачаҳояшонро дарси динӣ бидиҳанд ва ё дар назди муллову дигару дигар барои омузиши динӣ иҷозат диҳанд, розиянд, ки ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Мо бояд он падару модарҳоро, ки аз додан чунин баёноту чунин забонхат сарпечӣ мекунанд, ба воситаи милисаҳо ба зурӣ оварем ва руихати онҳоро ба амният супорем.

Кор ба ҳадде аст ки милиса ва амният даруни синфҳо даромада бо фанду фиреб талош мекунанд, ки бифаҳманд талабаҳо дарси динӣ мехонанд ё не ва агар ошкор намуданд падару модари онҳоро ҷарима мекунанд. Мактабҳо имруз ба майдони ҳарбу набарди мақомоти милиса ва амният бадал шудааст.

Масъалаи дигар ин марбут мешавад ба хатмкунандаҳо. Гап др бораи он аст ки ҳоло хамткунандаҳо-чи писару чи духтарро маҷбур ва водор карда истодаанд, ки 350 сомонӣ барои Маркази миллии тестии назди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон биспоранд. Агарчи ҳатто ин хатмкунанда хоҳиши дохилшавӣ ба донишгоҳро надошта бошад ҳам онҳоро маҷбур намуда истодаанд, ки ин маблағро супоранд.

Супоридани ин миқдори маблағро соли ҷорӣ Маркази миллии тестӣ бо як қарор ҳатмӣ кард. Ҳозир шарт гузоштанд, ки агар ҳар касе намесупорад ин миқдори маблағро номаи камол-аттестати хатми мактабро гирифта наметавонад.

Охир ин чи зулму бедодӣ аст. Мутаассифона иҷрои ин корҳоро бар души мудири мактаб ва роҳбарони синфҳо гузошта моро маҷбур карда истодаанд, ки ин пулро аз падару модари хатмкунанда руёнида ба суратҳисоби махсус гузаронем. Масалан дар мактаби мо имсол   84 нафар мактабро хат мекунанд. Дар маҷмуъ дар Тоҷикистон ҳудуди 200.000 имсол мактабро хатм мекунанд. Ин рақамро ба 350 сомонӣ зарб занед ва бубинед, ки ҳосили он чандин миллион сомониро ташкил мекунад.

Як, ду се рузи пеш як нафар корманди амният, ки куратори мактабҳои шаҳр аст, дар як суҳбати хусусӣ гуфт, ки ин миллионҳо сомонӣ ба Маркази миллии тестӣ неву ба фирмаи Фароз меравад, аммо мо инҷо барои онҳо бо мардум шумру мешавем.

Дар байни мардум гап-гап шудааст, ки иллати ин кор ба роҳи иҷбор ба донишгоҳҳо овардани хатмкунанда аст.Чунки баъди аз ҳисоби донишҷуҳо гирифтани сарбоз донишгоҳҳо 50% довталабҳои худро аз даст дода ва ҳатто масъалаи таъминоти моддии баъзе аз донишгоҳҳо ончунон буҳронӣ шудааст, ки масъалаи будан ё нобудани онҳо пеш омадааст.

Ин масъала дар ҳақиқат пеш омадааст ва инро мақомоти расмӣ худашон руирост эълон намуданд.

Аммо, такрор ҳам шавад мегуям, ки корманди амният, куратори шуъбаи маориф гуфт, ки ин миллионҳои бедардимиён ба ҷайби Фарози Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмонов меравад.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ҳар куҷо бошӣ Аллоҳ нигаҳбонат бошад. Ман шоҳиди як ҳодисае будам, ки бисёр ҳам бад ва бисёр ҳам нафартовар ва аз тарафи дигар бисёр ҳам ғамангез буд.Ин ҳодиса рӯзи 1 май дар бемористони Қараболо руй дод, байни корпуси 1 ва корпуси 2.

Як модар бо кудаш меояд ҳамин беморхона. Маълум не, ки барои муоина назди пизишкон меорад ё барои аёдати ягон наздиконаш ва кудакашро ҳам бо худ меоварад. Кудак, чи хеле мешавад, ки модараш гум мекунад. Ман барои харидани дору рафта истода будам. Дидам, ки он кудаки гумшударо як духтур ба дасти як мард дод. Гуфт, ки ин кудак гум шудааст.

Дар ҳамонҷо як Тангени милиса истода буду як опели дути серебринитса, ки дар дарунаш як милиса шиштагӣ буд. Ин мард кудакро дар дасти вай дод, кудак гиря дорад. Субҳоналлоҳ, марди кудакро ба дасти милиса дода ҳануз чор панҷ қадар дур нарафта буд, ки дар даруни мошин садои доду чеғи кудак баланд шуд. Он милиса кудакро дароварда чунон дар даруни мошин зада истодааст, ки дигар мардум диданду доду вой карданд. Ман ҳам асабҳоям дошт надод. Дод гуфта ба сари милиса рафтам. Аз мошин баромад, успет накардам, ки съемка кунам. Ҳар куҷо успет кардам навор гирифта фиристодам. Ин кудакро чунон задааст, ки дар скамейка ва ё дар куҷо бархурда пешониаш харошидагӣ, биниаш ҳам сиёҳу кабуд, паҳлуи чашмашро бинед  сняк, руйҳояшро ҳам пучидаву шапалоқшап дорад. Мардум ба сараш омад. Боз инро бин, ки беҳаёёна мегуяд, ки «агар зада бошам ҷавоб мегуям, ман назадам». Инҳо милисаҳои Сино-2-и Душанбе будаанд. Ман намедонам чаро ин мардум ин қадар хапанд, чаро ин қадар метарсанд. Мо ба чи ҳолу рузе омада расидем?

Ваҳдат

Ассалому алайкум. Аз шаҳри Ваҳдат бароятон менависам.

Илҳом ҷияни Рамазон Раҳимзода, писари хоҳари Рамазон аст. Номи модараш Зика. Илҳом дар шуъбаи милисаи Ваҳдат кор мекард. Дар ваҳдат кор нештатникҳояш бисёранд, ба номи Маҳмади мойчик ва Толибчаи тукалтепагӣ ва Алишери келаск ва ғайраҳо.

Илҳом ба воситаи инҳо бачаҳои Ваҳдатро подставит карда пул кор мекунад. Аз тарси Илҳом ягон писари шаҳри ваҳдат гап зада наметавонад. Як сарвайрони гапзан буд дар Ваҳдат бо номи Амриддини кала. Ӯро Илҳоми ҷияни Рамазон Раҳимзода подставит кард бо статяи 307.12 сол зиндон карданд. Амриддини кала 7 кудаки майда дошт. Илҳомро падараш аз Ваҳдат буд, худораҳматии Абдулло мегуфтанд. Давраи ҷанг мурда буд. Модари Илҳом Зика ном дорад. Як боғчаи кудаконаи шаҳри Ваҳдатро, ки бо номи Нилуфар машхур аст, ҳамин хоҳари Рамазон Раҳимзода шахсӣ карда гирифт. Масоҳати ин боғча якуним гектар аст.

Аз дасти ин бузҳои Илҳом дар Ваҳдат сар боло карда наметавонем. Як чи мегӯӣ, ду руз пас дарди сар мехарӣ барои худат.

Илҳом дар чанд ҷои Ваҳдат мойка дорад ва дар «Пажарка» як ресторани ду ошёна дорад, ки дарунаш беҳад калон аст. Бачаҳои спортсменро ҳамаашонро шикаст, ки гап назананд.

Бародар ин номаи маро қироат кунед, шояд Эмомалӣ фаҳмад ва ҷилави ин сагҳои Ваҳдатро гирад.

Фамилияи Илҳомро намедонам, аммо Абдуллоевич аст. Уро ҳама сокинони Ваҳдат мешиносанд. Дар мактаби Терешковаи Ваҳдат хонда аст. Таваллудаш 1986 аст. Ҷияни Рамазон Раҳимзода рутбааш майёр буд. Дар шаҳри Ваҳдат уголовник кор мекард, ҳозир дар Файзобод аст. Аммо намедонам дар кадом бахши милиса кор мекунад.  Зика кличка нест, ин номи хоҳари Рамазон Раҳимзода аст -роҳбари Боғчаи кудаконаи шаҳри Ваҳдат.

Конибодом

Ассалому алейкум бародари муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқбол!

Чандин ҳафта ба шумо нанавиштам. Ҳоло мехоҳам, ки аз вазъу ҳоли актуалӣ ва умуман аз тағйиротҳое, ки дар моҳҳои апрел ва май дар ноҳияи Конибодом ба вуқуъ пайваст нависам. Шумо ва хонандаҳои Ислоҳ аз ҷиноятҳои кормандони Абдулло Навҷавонови сардори УВД-и вилоят бо лақаби Буратино, коррупсионерҳои амният, ки дар КДАМ-и Конибодом кор мекунанд, огоҳ ҳастед.

Ҳоло мақомоти бачаи Марями гурсухта аз номи Раҳмонов гап зада аз бачаҳои мардум 1500 сомонӣ пул кор карда истодаанд.

Аз баъзеҳо ҳам пулашро гирифтанд, ҳам боз ба хизмат бурданд.

Барқро на руз дорем на шабона. Чунки шабона бачаҳои КГБ бо ратсияҳои махсус куча ба куча ва хона ба хона мегарданд. Ба хонаҳои холӣ медароянд, ҳатто сандуқҳои занҳоро ҳам мекобанд. Дар яке аз номаҳои қаблӣ шумо рост гуфтед, ки дар ноҳияи мо 4 хонаводаро ба қатл расонданд. Албатта қотилон дар озодианд ва касе ба онҳо чизе гуфта наметавонад, ғайр аз расонаи фурухтанашудаи Ислоҳ. Агар ягон кас шаку шубҳа дошта бошад, метавонад Пайки Суғд ва Ахбори ВКД-ро тамошо кунад, ки чи хел мақомот ин амалашро мехоҳад бар души устоҳои истаравшанӣ партояд. Яъне ҳодисаи куштори аввалро.

3 маврид ҳодисаи дигар кушторҳоро намедонам бар души кӣ мепартофта бошанд

Мо мардум тупой нестем ва мефаҳмем, ки ин кушторҳо аз тарафи мақомот анҷом дода шудааст, то ки мардумро тарс диҳанд ва баъдан аз ин сабаб ё баҳона телефонҳоро тафтиш кунанд .

Ҳоло Ниндзя дар байни бузҳояш гуфтааст ки «э манам чизе кор кунам, мана маҷбур карсодан ришчадороя баҳона карда хонаҳоба даром. Вай боло на манба на шумоба, ҳеҷ касба раҳмаш нест. Ин вай Раҳмонов приказ додост, КГБ-и Конибодом ба«

Ниндзя бо ҷураҳояш, яъне Ансори пишак ва дигар кормандони ҳифзи ҳуқуқи ҷамоати Лоҳутӣ бо бузҳояш дар чойхонаҳои деҳаҳои Лоҳутӣ ва Ҷаҳонзеб вохури карда онҷо аз мардум маълумот мегирад. Барои ҳамин агар ако Навҷувонов хоста бошад, ки мо мардуми Конибодом дигар ба Ислоҳ нанависем бояд пеши роҳи ин милисаҳои чойхонагардакро бигирад. Вагарна мо бештар навиштан мегирем ва барои мо суғдиҳо ҳеҷ мушкиле нест навиштан, чунки мо тез ҳуштарем аз даҳҳо оппозитсюнҳои аввалин ва охирин.

Ниндзя бо бачаҳои мактабхон, муаллимаҳо ва дигар активу фаъолон бо лаҳҷаи ҷануб гап мезанад, то ки тарс пайдо кунанд мардум. Ниндзяро дар назар дорам. Ҳамон Некрузи қоши хӯҷапанҷии панҷакентии подхалиму подставшики чоплуси бузи бачаҳакои боло.

Ҳоло милисаҳои Лоҳутиро бо сменаҳо мебиёранд. Хеле мубодила мекунанд, аммо бояд акои Буратино огоҳ бошад, ки чихел кормандони вай хиёнат ба мардум ва ба касбу погонҳои худ мекунад. Онҳо дар ҳар куҷо, аз ҷумла дар чойхонаҳо ба вай тариқи бузҳояш хабар мекашанд. Ҳатто бузҳои мақомоти Раҳмонов безоранд аз инҳо .

Махсус барои Ислоҳ мехом номҳои ду коррупсионери мардумозор ва фиребгарро гуям. Инҳо бузҳои бачаҳако ҳастанд.

Номи якумаш Хуршед аст. Вай бачаҳои синни 18 — 27 соларо дошта пул гирифта истодааст ва ҳам онҳоро фурухта истодааст. Дар ҷамоат кор мекунад. Буз ва информатори ҳарбиҳо ва одамрабоҳои мақомоти Раҳмонов аст.

Аз деҳаи Лоҳутӣ мебошад. Чанд зан дорад. Дар деҳаи худаш бо зани душанбегӣ ё кулобиаш зиндагӣ мекунад. Дар ҳудуди ноҳияи Конибодом дар марказ боз дигар зан дорад, дар Хуҷанд сеюм зан дорад, ки аз вай 3 бача дорад. Аммо занҳои якум ва дуюмаш аз ин корҳояш бе хабар астанд.

Ман ба занҳои ин одам кор надорам, ягона хатогие ки ин кард, ин хиёнат ба бачаҳакои Қарақчиқум ва Лоҳутӣ аст.

Номи дуввумин коррупсионер Баҳодур аст. Вай бачаҳоеро, ки дар Русия ҳастанд, хеле ғам медиҳад. Телефонҳояшонро пайдо карда угрожат карда аз онҳо пул меситонад, ки агар надиҳед розиск дода шуморо оварда аскарӣ мебарем гуфта таҳдид мекунад. Чанд хонаи се ошёна ва 4 зан дорад. Хонааш дар назди мактаб аст аммо хонааш аз мактаб ҳам калон аст, ба монанди қаср.

Дутоаш аз Исфара, сеюмаш аз Лоҳутӣ, чорумаш аз Хуҷанд. Инҳо мардумро хеле азоб медиҳанд. Бародар Муҳамадиқбол, бахшиш, ки ман ин қадар гап дон нестам. Агар хатоӣ дошта бошам ислоҳ кунед.

Ҳоло ба пеши бузҳои лоҳутигии амният ва кормандони онҳо омадагӣ аст ва деҳаҳои Лоҳутӣ ва Ҷаҳонзебро бо баҳонаи облава проверка карда истодааст.

Яъне шумо ҳоли бади моро фаҳмидед, ки рузона ба хонаҳо бо баҳонаи облава мераванд ва дарро тақ- тақ мекунанд. Аммо вақте шаб мешавад, бе ягон предупреждение ниндзяҳо медароянд ба манзилҳои истиқоматии бе соҳиб.

Ва ба штабашон, ки дар маркази ноҳия ҷойгир аст гузоришҳо яъне пахшҳои зинда медиҳанд, тариқи ратсия ва видеоҳо.

Мо мардум ҳатто граффики ин дуздҳои дар либоси мақомотро ҳам омухтаем.

Аз соатҳои 00:30 — 1:30 то соатҳои 3:45 — 3:40 шаб инҳо фаъолияти ғоратгаронаи худро пеш мебаранд, албатта бовар дорем, ки ин корҳоро бо дастури Буратино , Қурбонови қурбаққа ва бачаҳакои КГБ и ноҳияи конибодом иҷро мекунанд.

Ба наздикӣ Қофлонбой бо мошини дуошёнааш ба Конибодом омад ва аз онҷо дидан кард ва барқро ҳамон руз қатъ карданд. Ва обро як ҳафта доданд, аммо баъдан қатъ шуд. Ба ҳар ҳол мо мардум аз он ҳам сипос гузорем, чунки нафси ин ин қадар калон нест. Мошини Қофлонбой ба монанди ҳавопаймои 92 миллиондоллари бачаи Марями гурсухта хеле бо суръати тез аз Қарақчиқум гузашт. Мегуӣ, ки Қофлонако ба Афғонистон сафар дошта бошад.

Чунки ҳозир Юсуф Раҳмон гушҳои Қофлонбойро кашида сар додааст ва ӯ бояд ягон коре карда бошад .

Аммо Буратино то ба ҳол мехоҳад ба Оила резултат нишон диҳад. Барои ҳамин ҳоло бо расонаҳои С.С — ТВ ба монанди «Пайки Суғд» ва Ахбори вкд дар Конибодом мардумро туҳмат карда ба назди подполковник ва барандаи «Пайки Суғд» мебаранд. Ҳатто барандаи ҳамин расона як бодоварда аст.

Ин бодовардаҳо ташнаи вазифаанд, бародар.

Ба фикрам Оила бинии Буратиноро кашида сар додагиаст. Аз ҳамин сабаб мақомоти ҷугисифаташро ба тамоми кучаҳои Конибодом партофтагӣ аст. Сари ҳар кучаи Конибодом як мошини тонировкадор аст ва дар дохили мошин 5 -7 нафар менишинанд. Баъзе вақт онҳо гову гӯсфанди мардумро ҳамонҷо ҳамроҳ бо қассобҳо кушта мехӯранд.

Мо мардум, албатта аз ин амалиётҳои Раҳмонов метарсем ва мехоҳем, ки Раҳмонов тезтар бимирад ва Конибодом аз ин ҷугиҳо, гансҳо ва кунлесакҳои зарафшонӣ озод шавад, ба монанди Ниндзя ва ғайраҳо.

Мо мардуми Суғд аз ин ҷугиҳои таҷовузгар ва одамрабо безор шудаем.

Ҳоло насоси Қофлонбой( Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд) овардагӣ вайрон шуд ва обро мо фақат дар хоб мебинем.

Ягона касе, ки фоида аз ин роҳ мегирад ин отаи Пингвин -Зоир аст. Вай графики мошинҳояшро иваз кард. Соатҳои 1:25 фураҳо мераванд ба самти Исфара.

Қочоқро мебарад ва ба гуфти мардуми мо «кайф- кайфи Зоир де»

Ва ҳоло бошад ба Конибодом сари ҳар деҳа 50 –тоӣ милисаро аз худи Душанбе оварданд ва инҳо телефонҳои тамоми мардумро тафтиш карда истодаанд. Мақомот ҳам кушторро содир карданд ва ҳам онро тафтиш ва гузориш карда истодаанд. Хеле тааҷҷубовар. Ба фикрам, агар Оила хоста бошад, гуфти гапо сайёраро мақомот барои онҳо меоранд.

Вақте ҷанг бо қиргиз шуд марзро ин қадар хуб ҳимоя намекарданд. чихел раҳмонов ро қати қочоқҳои вай. Ягона хоҳише, ки мо мардум дорем ин аст ки дигар мо- мардуми Конибодомро ҳеҷ кас шабона накушад, ба хонаҳоямон надароянд, барқамонро хомуш накунанд ва моро Қофлонбой-раиси вилоят ва Турсуноғлу –раиси шаҳр бо насос таъмин кунанд, тамом.

Мо на ниёзи оппозитсияро дорем на ниёзи С.С  ва Р.Р. ва на Юсуф Раҳмон, на вазири мудофиъа ва на ба ном зиёии Абдулло Раҳнамои гаремшикро. Мо мардум оҳи ҷонкоҳ дорем аз инҳо. Бародар Муҳаммадиқбол! Ба ҳар ҳол агар манро қапанд донед, ки дар Суғд як бародари Шумо буд.

Чунки шояд ин охирон нома аз Конибодом бошад ва ман охирон баномуси ин ноҳия бошам.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №140 появились сначала на ISLOH.net.