Архивы Ризои Баҳромзод - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №406
Дар ин навбати барнома номаҳои воридшуда аз шаҳру навоҳии Панҷакент, Вахш, Волгоград ва Ваҳдат барои нашру пахш омода ва инак пешкаши шумо шуданд. Аз ҳар яке аз ин номаҳо ба унвони пешгуфтор пораҳоеро пешкашатон гардонидем.

Панҷакент: «Ҷумъаев Ҷонибек донишчу мебошад. Падарашро занг зада ба амният мебаранд ва мегуянд, ки фарзандатро биёр. Падар писарашро  занг зада мебарад. Дар ҳамин ҳолат Ҷумъаев Ҷонибекро гирифта ба мошин савор карда ба хизмат мебаранд. Аз падари даъватшаванда Ҳамроев Алибек маблағи шаст ҳазор сомониро гирифта аммо хонаи номбурда даромада Ҳамроев Алибекро ба дастонаш завлонак (наручник) зада ба хизмат мебаранд».

Вахш: «Мо ҷавонмардона мегӯем, ки мо ҳам ғарибем ва ҳис мекунем дарди ғарибонро. Шумо бузҳои беномус дар пеши зану фарзанд дигарҳо аз дасти шумо дарибадар. Онҳое, ки бузанд, ҷонашон баромад аз ин нома. Девона шуда ба куҷо раванд, намедонанд».

Волгоград: «Бештари блогерони мо ҳоло ҳам ба тарғиби хӯрокҳои миллатҳои ғайр, тарабхона, баҳсҳои қабеҳи лафзӣ, лаҳзаҳои қоидавайронкуниву ҷиноятӣ саргарманд.
Аксари блогерони мо фурсатталабанд. Вақте дар саҳифаҳои вежаи вазорату кумитаҳои дахлдор ё ягон шахси масъул навору аксҳои шахсияти муваффақ, сарфарозии варзишгар, эълони ҷустуҷӯйи шахс, ҳолати содир шудани ҷиноят, ё мавриди хушунат қарор гирифтани касе инъикос ёбад, дарҳол нусхабардорӣ мекунанд, то бо истифода аз ин обрӯ ва таваҷҷуҳ ба даст оранд».

Ваҳдат: «Аммо ин фиреб аст. Чи тавр? Мисол 20.000 сомонӣ медиҳедаш, сразу 3 моҳаатро аз пули худат медиҳад. Вале баъди се моҳ он пулро дар шаби хобат мегирӣ. Наврузи Зебӣ даже мошини Яъқубро дар банк монда буд, баъди он ки корҳояш безб шуд, думро тайи кун карду гурехт».

Панҷакент

Ассалому алайкум бародари арҷманд Муҳаммадиқболи Садриддин! Салому дуруди моро аз ватан бипазиред. Бароятон аз Панҷакенти бостонӣ менависам.

Як маълумотро мехоҳам бар шумо равон кунам, аз ҷамоати деҳоти Моғиён.

Дар ҷои мо раванди фиристодан ба артиш бисёр бо суръати тез ва шадид рафта истодааст. Дар интернет хондам, ки ноҳия нақшаи даъватро иҷро кардааст, аммо ҳодисаҳое шуда истодааст, ки ҳатто дар як оила ду нафарро бурда истодаанд.

Бозоров Аҳлиддин ва бародараш Бозоров Меҳриддинро якеро бо хоҳиши худаш дигарашро аз роҳ дошта ба артиш равон карданд, ду бародарро.

Ҷумъаев Ҷонибек донишчу мебошад. Падарашро занг зада ба амният мебаранд ва мегуянд, ки фарзандатро биёр. Падар писарашро  занг зада мебарад. Дар ҳамин ҳолат Ҷумъаев Ҷонибекро гирифта ба мошин савор карда ба хизмат мебаранд.

Аз падари даъватшаванда Ҳамроев Алибек маблағи шаст ҳазор сомониро гирифта аммо хонаи номбурда даромада Ҳамроев Алибекро ба дастонаш завлонак (наручник) зада ба хизмат мебаранд.

Моҳи апрели соли равон Бобоев Ғайратро  бо ваъдаи додани замини назди ҳавлигӣ ба хизмат бурда фиребаш мекунанд. Вақте ки Бобоев Ғайратро ба хизмат мебаранд вай оиладор ва як фарзанд дошт. Ҳоло бошад, фарзанди дуввумаш ба дунё омад. Падараш мегуяд на фарзандамро ҷавоб медиҳанд на қитъаи замини назди ҳавлигии ваъда кардаашонро медиҳанд.

Бародар, Муҳаммадиқболи ин ҳолатҳо фактҳои реалианд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш ин аст ки ин номаро ба барнома ҷой диҳед.

Вахш

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устод Муҳаммдиқболи Садриддин! Аллоҳ таъоло аз шумо розӣ бошад.
Саломи мардуми ноҳияи Вахш, ҷамоати шаҳраки Зарнисор (Киров) чорум
Дар ҳақатон дуъо карданд ва ҳамеша дуъогуянд. Номаи нашркардаи шумо нисбати Киров чорум. Ба гӯши зиёди мардуми деҳа расид. Ростӣ, мо боварии пурра надоштем. Акнун бовариамон пурра шуд, нисбати «Ислоҳ», ки номаҳоро ончуноне ҳастанд нашр мекунед.
Номае, ки шумо хондед, суханҳои чанд нафар буд, на аз як кас
Ва дар қишлоқ онҳое, ки чоплусу бузҳо буданд, девона шуда ин корро ба сари чанд нафар мезананд. Мо ин гапро ҳамаашро нашунидаем, балки дидаем.
Фақат асли воқеаро шоҳид гаштем, ки бисёре аз дасти ин бузҳои шохдор бехона ва беватану бадном шуда рафтанд. Ҳоло боз чанд одамро барои ин нома туҳмат зада истодаанд.
Мо ҷавонмардона мегӯем, ки мо ҳам ғарибем ва ҳис мекунем дарди ғарибонро.
Шумо бузҳои беномус дар пеши зану фарзанд дигарҳо аз дасти шумо дарибадар
Устод бисёр дардамон мекунад. Дар нома қисме аз ҳолатҳоро гуфтем ва камтар дар ҳаяҷон ҳам будем. Онҳое, ки бузанд, ҷонашон баромад аз ин нома. Девона шуда ба куҷо раванд, намедонанд.
Ин ша Аллоҳ бо хости Аллоҳ нома навишта истодаем ва маълумоти пурраро ба шумо равон мекунем. Гапи ҳақ ин аст ки ҳамин бузро буз мегуянду дуздро дузд.
Устоди азиз ин номаро дар барномаи «Номаҳо….» ҷой кунед
Ин ша Аллоҳ рӯзои наздик ҳар яке аз онҳоро якто ба якто бо оилаҳояшон ба шумо мерасонем.

Волгоград

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Худо кунад, ки ҳамеша саломат ва сарбаланд бошед. Чанд рӯз серкорӣ иҷозат надод, ки барои шумо чизе бифиристам.

Ин бор аз сомонаи «Ҷумҳурият», нашрияи расмии Тоҷикистон як матлабро интихоб ва барои хонандаҳои бешумори «Ислоҳ» ва тамошобинони шабакаи ютубии он пешниҳод мекунам. Мавзуъи матраҳ намудаи муаллиф саривақтӣ аст. Сухан дар бораи сатҳу сифати фаъолияти блогерҳои тоҷик меравад.

Шояд, барои худи блогерҳо муҳим набошад ва аҳамият надошта бошад, аммо барои ҷаҳони берун бисёр муҳим аст ки онҳо тоҷику Тоҷикистонро чи гуна муаррифӣ мекунанд.

Дар ҳақиқат баъзе аз блогерҳо бисёр корҳои зишт мекунанд. Баъзе, махсусан духтарҳо бо бадани урёну нимаурён аксу тасвири ягон аъзои шаҳватангези худро мегузоранд ва худро тоҷик мешиносонанд. Намедонӣ, ки инҳо чи мехоҳанд? Падару модар доранд, бародар доранд?

Баъзеи дигараш ҷангу ҷангҷол ва алфозу рафтори гуфтори ношоистаи худро навор мекунанду дар шабакаҳо ба намоиш мегузоранд.

Хуллас, муаллиф, ки Бузургмеҳри  Баҳодур будааст, мавзуъи хуберо ба қалам додааст. Ин матлаб таҳти унвони «БЛОГЕР. АЗ ФУРСАТУ ШУҲРАТТАЛАБӢ ТО МИЛЛАТСОЗӢ» дар рӯзи 21 октябр чоп шудааст. Мо онро пурра наовардем, чун тулонӣ аст. Онҷоро, ки лозим буд, аз ин мақола баргузидему инак пешкаши ҳаводорони «Ислоҳ» мекунем:

ФУРСАТТАЛАБӢ ВА НУСХАБАРДОРӢ ТО КАЙ?

Имрӯзҳо, мутаассифона, дар шабакаҳои иҷтимоии кишвари мо наворҳои босифат ва бомазмун хеле камтар аз наворҳои пастмазмун ва беаҳамият шудаанд. Агар яке паёми тоза дошта бошад, даҳи дигар ҳеҷ иттилоъ ё маъное надорад ва баръакс барои тарғиби бадахлоқӣ роҳ боз мекунад. Ин дар ҳолест, ки блогерони кишварҳои дигар интернет – воситаи таъсиррасони имрӯзро ба хидмати давлату миллати хеш гумоштаанд. Ҳатто дар баҳсҳои тезутунди таърихӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон ва минтақа дасту остин барзадаанд. Бештари блогерони мо ҳоло ҳам ба тарғиби хӯрокҳои миллатҳои ғайр, тарабхона, баҳсҳои қабеҳи лафзӣ, лаҳзаҳои қоидавайронкуниву ҷиноятӣ саргарманд.
Аксари блогерони мо фурсатталабанд. Вақте дар саҳифаҳои вежаи вазорату кумитаҳои дахлдор ё ягон шахси масъул навору аксҳои шахсияти муваффақ, сарфарозии варзишгар, эълони ҷустуҷӯйи шахс, ҳолати содир шудани ҷиноят, ё мавриди хушунат қарор гирифтани касе инъикос ёбад, дарҳол нусхабардорӣ мекунанд, то бо истифода аз ин обрӯ ва таваҷҷуҳ ба даст оранд. Гоҳе бо ҳам баҳс мекунанд, ки «ин наворро аввал ман интишор додам», дар ҳоле ки сарчашмаи асосӣ на ин асту на он. Ҳатто ба навор каме овози худро илова карда, болои он тамғаи худро мегузоранд, гӯё худашон махсус навор гирифта, танзим намуда, ҳамин ҳоло дар ҷойи ҳодиса қарор дошта бошанд.
Ба назди шахсияти муваффақ ё ба ҷойи ҳодиса рафтан, бо шахсони дахлдор суҳбат оростан, бо асбоби зарурии сабт муҷаҳҳаз будан, сабабҳои сарзании рухдодҳоро ҷустан барои онҳо, аслан, бегона аст. Интизор мешаванд, ки аз куҷое бӯйи хабари хуш ё нохуш расаду онҳо саҳифаҳои хешро «оро» диҳанд.
Чанде пеш раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе номае нашр намуд, ки тибқи он, бархе аз блогерон бо мақсади ҷалби бинандагон ва афзоиши шумораи обуначиёни худ, эълони нодурусти гум шудани одамон, аз ҷумла духтаронро, интишор дода, ҷомеаро ба гумроҳӣ андохтаанд……
МАЪРИФАТИ ПАСТ Ё ЧИЗИ ДИГАР…
Ризои Баҳромзод, номзади илмҳои физикаю математика, ки бо санҷиши набзи контентҳои мо, бавежа контентҳои илмии мо, машғул аст, андешаҳояшро чунин баён намуд: «Агар наворҳои тоҷикиеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, таҳлил кунем, мебинем, ки аксарашон наворҳои аз нигоҳи мазмуну муҳтаво пастсифат буда, аз онҳо гирифтани маълумоти ҷолиб ва зарурӣ ғайриимкон аст. Ҳамчунин, ҳангоми ҷустуҷӯйи наворҳои тарбиявӣ, таълимӣ ё омӯзишӣ ба мушкил дучор мешавем, зеро миқдори онҳо хеле ночиз аст. Сабаби асосӣ дар он аст, ки барои гузоштани навори рақсу суруд ва шӯхиҳои бемағз чизи зиёд зарур нест, танҳо бо телефон сабт ва дар интернет гузошта мешавад. Барои сохтани навори касбӣ ё ҳадди ақал миёна муаллиф бояд маълумот ҷустуҷӯ намояд, дурустии онро санҷад, мувофиқи он аксу тасвир, ё навор ёбад, онро танзим созад».
Номбурда, таваҷҷуҳи рӯзафзуни мардум ба наворҳои дилхушкунанда, вақткуш ва пучро сабаби аслии зиёд шудани чунин чизҳо медонад.

ҚОНУН ЧӢ МЕГӮЯД?
АССОТСИАТСИЯИ БЛОГЕРОНИ ТОҶИКИСТОН ЧӢ?
Саҳифаи расмии раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ки бо номи «Душанбе Полис» гардон аст, қариб ҳар ҳафта аз боздошти блогероне хабар медиҳад, ки ба дағалона вайрон кардани қоидаву қонунҳои ҷорӣ тавассути наворҳои ғайриахлоқӣ саргарманд.
Дар нишасти матбуотии нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ сардори ВКД дар шаҳри Душанбе Шоҳрух Саидзода иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе 23 блогер барои паҳн кардани наворҳои ғайриахлоқӣ боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
Директори Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон Бахтиёр Маҷидов ҳам тасдиқ кард, ки наворҳои пастмазмуну дорои беэҳтиромӣ нисбат ба фарҳанг, арзишҳои миллӣ, забони модарӣ, таҳқири шахс ба зеҳну афкор таъсири манфӣ доранд. Ба қавли номбурда, аз ҷониби Ассотсиатсия чандин маротиба байни чунин блогерони бесалоҳият корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шудаанд, вале натиҷа ҳамон аст, ки буд. Бо вуҷуди ин, Бахтиёр Маҷидов аз блогероне хушбин аст, ки манфиати миллати хешро дар ҷойи аввал гузошта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон, фарҳанги баланди тоҷиконро муаррифӣ менамоянд. Ба қавли ӯ, чанд нафари дигаре ҳам ҳастанд, ки ба наврасону ҷавонон барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ёрӣ мерасонанд, зумраи дигар ошхонаи миллии моро муаррифӣ мекунанд.
Мавзуи матраҳ ин аст, ки на танҳо блогерон ё наворсозони хасакӣ, балки ҳар яки мо бояд бидонем, ки навору акс ва навиштаҳои моро дар ҳама гӯшаву канори ҷаҳон тамошо ё пайгирӣ менамоянд. Баҳсҳои бемаънӣ, дашномҳо, омехта кардани забони порсии тоҷикӣ бо забонҳои бегона ва таҳқири ҳамдигарии моро ҷаҳон тамошо дорад, яъне як амали ноҷои мо метавонад латма ба обрӯву эътибори миллат гардад.
Ба саволи чӣ бояд кард, директори Академияи ВАО Тоҷикистон Ҳақназар Каримзода изҳор дошт, ки танҳо омӯзиши пайваста, курсҳои вежаи омодагӣ метавонанд бахши ҳуқуқиву фарҳангии кори блогеронро тақвият бибахшанд, то наворҳо сифати миллӣ гиранд. Миллӣ, яъне саршор аз унсурҳои миллӣ, вожаҳои ноби забони модарӣ ва вежагиҳои тоҷикон ва Тоҷикистони соҳибистиқлол. Ба таъкиди ӯ, то охири соли равон аввалин семинари омӯзишии блогерони Тоҷикистон гузаронда мешавад. Умедворем, ки семинари мавриди назар қадами аввалин, вале ниҳоят ҷиддие дар роҳи омӯзиш ва тарбияи блогерони, пеш аз ҳама, хештаншинос ва ватандӯсту ватансаро хоҳад буд».

Ин буд он матлабе,ки пешниҳоди хонанда ва бинандаи «Ислоҳ» гардонида шуд. Дар охир ҳаминро бояд изофа намоям, ки блогерон қабл аз онки ягон навор ва тасвиреро мегузоранд, биандешанд, ки он чи вокунише ба вуҷуд меоварад ва мешавад, ки онро тарзе сохту гузошт, ки ба обруи миллату мардум латма назанад. Инро низ бояд зикр намоям, ки агар блогери Тоҷик донад,ки ҳодисаи шударо метавонад худаш ба навор гирад ва суҳбат кунад ҳамин Шоҳрух Саид ва СС.Ятимов кофта оварда бозпурсияш намекунанд,ки чаро ин навор нашр шуд ва суҳбат карди? Ҳатман блогер навори худро ва суҳбати худро анҷом медод. Аммо чун матбуот озод нест ва садҳо блогер барои наворҳои хубу тарбиявӣ ҷарима ва зиндонӣ шуданд дигар маҷбур аст аз навори шахси дигар истифода мекунанд бо каме тағирот.

Ваҳдат

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол! Номаҳои аз Ромит, ки нашр мекунед дар даруни худи Ромит шуру ҳаяҷони зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Барои бисёриҳо ин нукта ҷолиб аст ки нависандаҳои номаҳои Ромит ҳама чизро конкрет ва рост менависанд.

Акнун ба давоми қиссаҳо мепардозем

Наврузи бачаи Зебӣ одамҳоро фиреб кардааст, ки «пулотона да хона намоне, биёре дипазит монм ма да банк фойдаш 50 ба 50. Ай 20.000 сомонӣ ҳар моҳ 1500 сомонӣ пул кор мекнӣ».

Аммо ин фиреб аст. Чи тавр? Мисол 20.000 сомонӣ медиҳедаш, сразу 3 моҳаатро аз пули худат медиҳад. Вале баъди се моҳ он пулро дар шаби хобат мегирӣ.

Наврузи Зебӣ даже мошини Яъқубро дар банк монда буд, баъди он ки корҳояш безб шуд, думро тайи кун карду гурехт.

Яъқубро бо хоҳари Шоҳасан капиданд, мошин аз ҳамон буд.

Мумкин аст ин Навруз аз 80 ҳазор сомонӣ зиёди камбағалҳоро фиреб карда бошад.

Давоми қисса

Бобохонов Раҷаб кист ва бачаи кист?

Бобохонов Раҷаб бачаи Хайриддин аз хешовандони Хайровҳои бозори Ваҳдат аст.

1.Чанд сол пеш магазини 4 ошёна пушонд. Як усторо аз Ҳисор оварда буд. Корашро 8 ҳазор доллар нарх кард, Усто корро тамом кард. Як суми тамоман ночиз дода задазада аз Ромит сураш карданд. Бародар, бовар кунед, ки инҳо имон надоранд.

2.Ин осиёби орд ва нонбойхона дошт дар 2 сотик замин. Дар ҳамонҷо барои бачааш хона кард. Ду хонаро базурӣ аз соҳибонаш гирифт. Як хона хонаи хуштомани қорӣ Хабат буд, ки байнашон ҷанг шуд. Хонаи дуввум аз Зубайдулло буд. Ҳавлии уро ҳам гирифт, бе ягон сум. Уро ҳам заданд ва гуфт, ки « куҷое мерен брен, тағоим Давлатбеку Қутбиддин Хайровҳоанд».

3. Ҷойи алафдаравии мардуми Ромитро гирифт. Онҷо 20 гектар ҷои чарогоҳи чорпои мардуми Ромит буд. Ҷағав ном дорад.

Аввалҳо зағир мекорид, мардумро бе пул, ранги хар кор мефармуд. Баъд гирдашро маҳкам кард. Вай замини лесхоз буд. Дарахтҳои тарро мебурад, ба мардум мефурӯшад. Мардуми Ромитро баҳор бепул дарахтшинонӣ мебарад. Мегуяд пешвои миллат гуфт ватанро обод кунӣ гушаи имондорӣ аст. Даже мардумаро намемонад  ба даруни замин гузарад ва алафу ҳезум биёрад.

4.Як ширкати чинӣ бояд ба Ромит об меовард -бе пул. Ин фаҳмиду сразу дар Ҷағав об баровад ва роҳи мошин кард. Барои роҳи мошин қабристони урусҳоро хело канд. Аммо дуруст нагирифт, нашуд ба дигар тараф кард. Як бачаашро, ки Қурбон ном дорад як сол пеш бо набераи Мунаввар қапиданд. Чор бача дорад. Он қадр нафсаш бад аст ки ҳатто ҷои мусорпартоии мардумро гирифт.

Кури Хуршед кист?

Кури Хушед аз Пойнов. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бисёр мардуми Ромитро ғам дод. На танҳо дар Тоҷикистон, дар Русия низ бо бузҳо ҳамкорӣ дорад. Аз як даҳмарда 100 молашро маҷбурӣ гирифт. Дар Москва чанд квартира ва дача дорад, дар Раменский район. Ба мардум документҳои фалшивий мекард. Ду зан дорад. Аз пушти документҳои фалшивийи сохтаи вай чандин муҳоҷири корӣ депорт шуданд.

Ҷамшеди ҷиянаш, бачаи акааш 20 котеҷ дорад. Кури Хуршед 20 миллион рубл ба сагҳои Раҳмонов1 сола дод, фақат барои як сол. Ҳар гоҳе лозим шуд, зангаш мезананд, ки бихез биё, началник нав шуд. Пулро тайёр кун.

Кури Хуршед аз чанд зан бист кудак зиёд дорад.

Уро баъди онки русҳо қонунҳоро сахттар карданд аз Москва сеҳарфаҳо бурданд. То ҳол маҳкам аст. Ин бештар ба занҳову духтарҳо ҳуҷҷат мекард, ҳам пулашонро мегирифт ва ҳам бо онҳо ҳамхоба мешуд, истифода мебурд. Вале агар маъқул намешуданд, сразу 5  ё 10 сола депорт мекард. Чунки гапи ин дар пулиси Раменский район мегузашт. Як моҳа пули кориаш 6 миллион рубл зиёд буд. 60 миллион рублашро аз консули Москва гирифта гуфтанд мебарорем, аммо набароварданаш. Ин Ҷамшед боз ҳоҷӣ аст. Вале ҳам ҳаромгашт аст ва ҳам ҳаромхур. Аллоҳ ҷазояш диҳад, ки мардуми муҳоҷирро бисёр фиреб кардаст.

Шамсулло кист?

Шамсулло ҷияни Исломиддини ромитӣ облава меқапид. Шамсулло бачаи муаллими Мирзосаъдӣ дар мамнуъгоҳи Ромит дар назди хонаашон магазин дорад. Фурӯши алкогол бе проблема, даже ба мактабхонаҳои ноболиғ. Ин ҳам як ҳаромӣ таваллуд шудагӣ аст- зинокор, бо духтарҳо ва бо занҳои нав шумекардагӣ насия-қарз медиҳад ва бо ҳамин тамом, кори ҳаром сар шуд

Вале шавҳарони онҳо дар муҳоҷирати меҳнатианду аз гапу кори дунё бехабар. Агар идома диҳад ҳатман номи он занҳоро ҳам менависем, то шавҳарҳояшон огоҳ шаванд аз ин кору кирдорҳо! Тими «Ислоҳ» дар Ромит дар ҳама самтҳо корҳои худро сарбаландона ва нотарсида идома медиҳад!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №406 появились сначала на ISLOH.net.