Архивы Рушон - ISLOH.net

Помир зери фишор: «шикастани Помир ва помириён ҳамчун сиёсати давлат»
Номаи маро алоҳида нашр кунед №24

Аз Хоруғ, ки чанд мешавад хабару маълумот ба нудрат дастрас мешавад, хабарҳое расида истодааст, ки ташвишовар ва риққатбор аст. Онҷо, баъди ҳаводиси солҳои 2022 -2023, ки Раҳмонов Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро истило ва ишғол кард, дар тамоми мақомот:-КДАМ, ВКД, Прокуратура, Суд, Гумрук, Андоз, Коррупсия, марзбонӣ, комиссариати ҳарбӣ аз «бачаҳакои боло» оварду роҳбар таъин кард. Худи Алишер Мирзонабот, ки помирӣ ва аз Рушон аст, солҳо муовини КДАМ ва аз чоплусону тамаллуқкорони ин низом буд ва рутбаи генералӣ дорад ва ҳамин тавр зиндагӣ дар ин қуллаи ғурур ва кӯҳи шаҳоматро ях зад. Ин «бачаҳокои боло» аз сардори Раёсати корҳои дохилӣ бигир то мудири шуъбаи фарҳангу маориф дастур гирифта буданд, ки ҳарфе аз инҷо берун наравад ва шуморо-ман-Ҷаноби олӣ иҷозат медиҳам, ки бо ин мардум ҳарчи бихоҳед, битозед, бизанед,бикушед, иҷозат аст. Ман худам фармони безараргардони онҳоро додаам ва ман худам аҳкоми сангин барои онҳоро содир кардаам.

Аммо ҳамчуноне мебинед, новобаста аз ин таҳдиду тарс доданҳо сокинони Боми ҷаҳон сукутро раҳо карданд ва ин номаро дар бораи вазъияти феълӣ дар Бадахшони куҳӣ барои «Ислоҳ» фиристоданд:

Номаи вижа аз Помир: шаҳодат аз дохили муҳосира

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Дар яке аз кишварҳои аврупоиям. Дар як Донишгоҳи маъруф кор мекунам. Ночор шудам, ки ин хабарҳоро, ки аз Хоруғ ба дастам расид, бо шумо дар миён бигзорам.

Тибқи хабарҳои расида мақомот аз ҳамаи он бадахшониҳо, ки дар пайи ҳаводиси солҳои 2022-2023 бо ҷазои ҳукми абад зиндон шудаанд, талаби маблағи бузург-700 ҳазор сомонӣ беш аз 70.000 доллар кардаанд. Номаълум, ки ба кадом иллат. Онҳо муваззаф шудаанд, ки ҳар кадоме ин маблағи бузургро пардозанд.

700 ҳазор сомонӣ: фишори молиявӣ ба хонаводаҳои маҳбусони помирӣ

Агар дар ёд дошта бошед дар ҳаводиси соли 2014 горотдел ва прокуратура дар Хоруғ оташ гирифта буд. Маълум нест, ки барои ҳамин бошад ё баҳонае дигар аммо хонаводаҳои онҳоро даъват кардаанд.

Гуё бархе аз онҳо дар ҳамон сухторҳои он биноҳо иштирок карданд. Ана акнун ҳамаи  онҳоро 700 ҳазорӣ бор бастанд.

Амният ҳар яке аз ин пожизненикҳо-маҳбусони якумриро 700 ҳазорӣ доля бастааст. Барои ҳамаи даҳ маҳбуси якумрӣ, ки дутоаш даргузаштанд пардохти ин миқдори маблағро ҳатмӣ донистанд. Ин маҳбусони якумрӣ иборатанд аз лидерони мардумии Бадахшон, ки ному насбашон барои ҳамагон ошно буд:

Толиб Аёмбеков, Ғуломалӣ Абдураҳмонов (писари Толиб) , Ниёзшо Гулобов, Аслан Гулобов, Имумназар Шоиширинов, Холбаш Холбашов, Наҷмиддин Шерҷонов Мунаввар Шанбиев ва Хайримамад Дӯстмамадов, бо лақаби Хайруш ва Қулмамад Паллаев.

Аслан Гулобов, ки 35 сол дошт шоми 9-уми июн ва Қулмамад Паллаев, шаби 12 ба 13-уми январ дар зиндонҳои шаҳри Душанбе ба таври машкук даргузаштанд ё чуноне Раҳмонов мегӯяд «Бе зарар гардонида шуданд».

Ба назарам ин як роҳу як усул-методи дигари куштани онҳо аст. Ба аъзои хонаводаи онҳо условия мондаанд, ки «агар шумо 700 ҳазор сомонӣ надиҳед, барои шумо дигар свиданка нест». Дар ҳоле, ки барои пожизненикҳо ҳар ним сол-шаш моҳ, яъне дар як сол ҳамагӣ ду маротиба дидорбинӣ-свиданка иҷозат асту халос. Бастагони  Қулмамад Паллаев ва худи ӯро то вақти заҳролудсозӣ айнан ҳамин гуна азият доданд. Чанде аз аъзои хонаводаи вай, ки ҳоло дар як кишвари хориҷӣ дар ҳолати паноҳандагӣ ба сар мебаранд гуфтанд, ки ҳамин хел бархурди хашин карда онҳоро дигар иҷозати мулоқот надода буданд. «Ӯро худашон отравит карданд, заҳр доданд, рафт аз ин дунё».

Пас аз 2022–2023: ишғоли маъмурӣ ва ҳукмронии «бачаҳакои боло»

Сиёсати қавму қабилагроии Раҳмонов аз ҳамон аввали кораш махсусан бар зидди помириҳо ва ғармиҳоро тамоми ҷаҳон медонад. Қабилаи Раҳмонов ба унвони як қабилаи ғосиб ва ишғолгару истилогар аз солҳои қаблӣ ҳам бештар дарранда ва ифротӣ шуда истодааст. Дар тамоми кишвр ҳатман сардорони бахшу шӯъбаҳои мақомоти қудрат: амнит милиса прокурор ҳатто Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, идораи оташнишонӣ, коррупсия, андоз  аз ҳаминҳо аст. Агар пеш сардори шуъба буданд ҳоло корманду муфаттиш оперативнику уголовник ҳам аз ҳаминҳо аст. Тамоми қисмҳои ҳарбӣ дар дасти ҳаминҳо аст. Ва, акнун ба марҳалаи дигари забту ғасби ҳатто тиҷоратҳои хурд даст зада истодаанд: мағоза, бозор, тарабхона ва автозаправкаҳоро маҷбурӣ гирифта истодаанд. Инҷо сухан ё ишора ба Ҳасану Шамсуллову Тахминаву Амируллову Муҳибу Раҳматулло  нест. Инҷо аллакай онҳое, ки масалан хешу табори сардори милиса, сардори налог ё одамони онҳоанд дар назар аст. Ва ин омадаҳо бо такя ба фалонӣ забт ва тасарруф карда истодаанд. Ва ин кор дар сартосари кишвар идома дорад.  Аммо ҳоло Бадахшон ин қалъаи ғурур, номусу шараф ва виқору шукуҳу шаҳомати миллат ҳам дорад тахриб ва зери пойи ин мутаҷовизин, ишғолгарони аҷнабӣ шикаста мешавад. Дақиқан ин як сиёсти ҳисоб ва тарроҳӣ шуда аст. Ин қабилаи дар ҳақиқат гушна меояд ва якбора соҳиби пулу мол мешавад ва дигар пешинаи худро фаромуш мекунад ва ин тафаккур, ки онҳо бояд правит кунанд ба гуфтаи Абдулло Раҳнамои ҷомеашинос «ниҳодина» мешавад. Инҳо, ки ҳоло дар Бадахшон худашон шоҳу табъашон вазир ҳамаашон аз навоҳии вилояти пешини Кулобанд. Ҳиҷ гуна бо мардум унс намегиранд. Бархурди душманона мекунанд. Тавре муносибат мекунанд, ки солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ немисҳо бо русҳо мекарданд. Ба унвони ғосиб ва ишғолгар. Онҳо гуё дар инҷо ғалаба карданд. Ҳиҷ нишонаи ҳамватанӣ, ҳамзабонӣ, ҳаммилатӣ нишон намедиҳанд. Бисёр дағалу дурушт бархурд мекунанд.

Писари халифа Музаффар як ҳафта пеш аз марги бо падараш бо вай гап зад, бояд мебаромад, аммо куштанаш. Ҳамин тавр якта-якта кушта истодаанд, то дигарҳо битарсанду пул диҳанд.

Бародар, аз инҷо шумо баромад карда аз ҷиноятҳои ин режими зиддимиллӣ дар бораи зиндониҳои Бадахшон мегуед, аз инҷо бачаҳои мо, аз тарафи дигар тамоми созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар ва кишварҳову ҳукуматҳои аврупоӣ водор барои раҳоии онҳо карда истодаанд, барои ҳамин дар ҳукумати касифи Раҳмонов проблемаашон бисёр шуда истодааст.

Барои ҳамин ҳукумат тасмим гирифтааст, ки онҳо-зиндониҳоро, ҳарчи зудтар уничтожат кунанд, ки дарди сар нашаванд.

Бо хонагиҳои яке аз ин зиндониҳо суҳбат кардам. Гуфтам биё ин гапҳоро барорем, ки як баромад кунанд, мардум бифаҳманд. Гуфт моро як намуд ҳаррӯз фарёд мекунанд, моро «до того ғам дода истодаанд, мо илоҷ надорем бароему биравем.

Падари Имомро ду бор фарёд карданд, дилаш зад мурд. Ин мард сиҳату саломат буд.  Имум Шоширинов яке аз лидерҳо буд. Падараш се ё чор моҳ пеш бандагӣ кард. Мутаваллиди соли 1965.Соли таваллуди худи Имум1982 аст.

Дар Чорбоғи Хоруғ чи ҳодиса руй дод?

Ҳозир дар Хоруғ ҳадаф доранд дискотека ҳуй кунанд. Намедонам, ин гап рост аст ё не, инҷо Муҳиби номард бошаму зинда бошам дискотека мекушодааст ва аз Душанбеву Кулобу Қурғонтеппа проституткаҳоро меовардааст.

Як нафар аз корманди амният гуфт, ки инҷо нақшаҳои дигар ҳам доранд. Мехоҳанд баъзе аз роҳбарони неруҳои низомии Толибонро оварда бо онҳо ҳамхоба кунанд, то онҳо нафарони тоҷикистониро, ки дар гурӯҳҳои дигаранд, данний диҳанд. Мақсадашон фақат харобу вайрон ва фосид намудани ахлоқи мардуми инҷо нест.

Он вақтҳо, ки онҷо будем ин хел гап набуд, ки дар Хоруғ ту мебуромадӣ «ай раҳ арус мегирифтӣ, мерафтӣ. Ин хелин гап набуд. Ҳозир ҳамонро ҷорӣ карданд.

Ба наздикӣ дар Чорбоғ ду коргари амният як духтарро дар наздикии ҷамоатхона – масҷид мардум дар рӯзи рӯшан … монда зада истодаанд.

Як зани бечора мебинад он ҳолатро. Он духтар студент аз Роштқалъа. Мегуядаш, ки ту изо намекашӣ, ки бо коргарони амният ин кори зиштро анҷом медиҳӣ? Мо дар вақти студентӣ ин хел корҳоро намекардем.

Духтар дарҳол коргарони амниятро мегӯяд. Коргарони амният ҳамон зани бечораро, ки Чорбоғро мерубад, мегиранду мебаранд ва бо як бераҳмиву ҳайвонӣ муи сарашро мечинанд ва таҳдиду шантажаш мекунанд: «бфорт кӣ делат накнем озир ҳаминҷа ягон хизмат ку, бпар бра».

Бечора 1000 сомонӣ аз касе қарз мегирад ва ба онҳо медиҳаду ҷонаш халос мешавад. Ин зан ҷуръат накард, ки ному фамилияи онҳоро бигӯяд. Баракс гуфт, илтимос чизе дар ин боб нагуед, ки ман аз кори кардаам пушаймон шудам.

«Он вақт он мардҳо буданд, ки мо нафаси озод мекашидем. Бимон ман дигар гап назанам». Он зан касали сахар шуд.  Қандаш 38. Як панҷаашро буриданд. Аз дасти ана ҳамин азоб доданҳо. Ин кор тобистон руй дода буд.

Аммо мо яке аз онҳоро мушаххас кардем, ки Кароматулло ном доштааст, корманди КДАМ. Яке аз онҳо, тибқи хабарҳои расида ба контразведкаи Хатлон перевод шудааст.

Маро ҳам чанд бор аз КДАМ занг заданд. Телефонашонро ҷавоб надодам. Вагарна сабт карда расонаӣ мекардам.

Помирӣ шомили «Афв»—и пешво намешавад!

Як шинос дар байни ҳамон милисаҳо дорам. Гоҳ-гоҳ греташ мекунем. Албатта аз «бачаҳакои боло» аст. Аз вай пурсидам, ки дар амнистияи оянда ягон бачаҳои мо меафтад. Гуфт, бахудо барои мардуми Бадахшон ягон амнистия намешавад. Инҳоро ба зӯр дар 30 сол дастгир карданд, 30 сол ждат карданд, ки биқапанду ғулом бигиранд, магар амнистия мекунанд?  Гуфт ягон бадахшониро амнистия намедиҳанд, беҳдаву баҳуда ягон сум надиҳед.

Дар УИД ҳам як шинос дорам. Як вақт барои халифа Музаффар зангаш задам. Гуфтам, акаи генерал любой сум медиҳем ҳамин халифаи моро поселенка кун. Гуфт статяашро роҳӣ кун. Статяашро роҳӣ кардам. Ҷавоб гардонд, ки ба номи парвардигор инҳо то званка ҳаминҷо меистанд. Гуфт ин супориши худи ҷаноби олӣ аст. Ягон бадахшонӣ, ки бо ҳамин статяҳо шиштагӣ на посиленка мекунад, на чизе дигар. Гуфт, илтимос барои ҳамин хел одамҳо маро занг назан помирӣ амнистия намешавад!

Мирзонабот: аз намояндаи маҳаллӣ то абзори ихтилоф

Аммо ин Алишер Мирзонаботи хоин дар онҷо мардумро маҷбур мебарорад, ки байрақ бардоранду рақс кунанд. Дар кадом ҳолу рӯзи ин мардум аз гулӯят хурсандӣ мегузарад?

Ҳозир ин Алишер Мирзонаботов як як кори дигар карда истодааст. Ба наздикӣ одамҳои худашро оварду ташкил кард, то дар байни аҳолии Рӯшону Шуғнон ҷанг андозад. Ҳозир  рушониҳо дар Масква одамони худашонро партофтаанд. Рушониҳо мегуянд, ки шумо шуғнониҳо, карочи ҳамаро ҷазир кардед. Шумо дар ҷанг ҷанг накардед, шумо инхел, шумо он хел. Хуллас,  байни Рушону Шуғнон ҷанг рафта истодаст. Барои онки рушониҳо гиламанданд, ки шумо шуғнониҳо дар ин ҷанг моро дастгирӣ накардед. Вале шуғнониҳо бошанд гуфта истодаанд, ки шумо дар солҳо 2008, 2012, 2014 ҳамаро ҷазир кардед, ку. Шуморо шаҳиди аъло Мамадбоқир гуфт, ки биёед позитсияро дар Хоруғ бигирем, чунки дар Хоруғ боз метавонем инҳоро иҷозати ғасби ватанамонро надиҳем, шумо дар ҳамонҷо истодед.

Инҷо основной ин рушониҳо буданд, ки ҳам дар властанду ҳам бузӣ карданд. Мисли ҳамин Алишери Мирзонабот, мисли генерал Абдулло Навҷувонов ва дар он солҳо генерал Холбаш Холбаш позитсияаш дигар буд. Дар соли 2012 Холбаш противи халқ зад. Баъд, ки диданд кислородашонро маҳкам карданд, боз гашт ба тарафи халқ. Ин мардум баъд ӯро қабул ҳам накард.

Рӯшон минтақаи калон вале ҷанговар кам дорад. Гӯштингир зиёд доранд аммо мубориз надоранд.

Хоруғ имрӯз: тарс, фишор ва фурӯпошии зиндагии иҷтимоӣ

Сӣ сол Хоруғ держатса кард. На прокурор ва на милисаро монд, ки мардумро ғам диҳанд. Бачаҳои Хоруғ буданд, ки инҷо озодӣ буд. Ҳозир прокуратура меравад маоши муаллимҳоро кашида гирифта истдааст. Муаллиму муаллимаҳо ҳалқашон қоқ, намедонанд ба кӣ бароянд. Ҳозир пушаймонанд. Гуфтам, ки бояд дар вақташ мардҳоро дастгирӣ мекардед. Намегуфтед, ки инҳо даркор нестанд. Ҳозир бе ин мардҳо душвор аст зиндагӣ. Он вақт ППСу оид ба ноболиғон ҷуръат намекард мактабҳо дароянд ва ягон талабаро гуяд ки ту чаро форма надорӣ, чаро ин хелиӣ. Ҳозир муаллимҳоро як намуд ҷиқидагианд, ки   нафас кашида наметавонанд, духтурҳо ҳам ҳамин хеланд. Занг мезананд, ки ҷонашон дар нуки сузан аст: чи хел кунем, ки аз ҳамин ҷо бигрезем биравем. Дигар инҷо ягончи намондааст.

Як ресторна ҳаст бо номи Узбекистон. Амниятиҳо медароянд бо духтарҳо пиён. Фақат мусиқии як маҳалли барои ҳама шумшударо мемонанд. Спетсиално. Ин ресторан аз давраи шуравӣ бо ҳамин ном омадааст.

Фақат мусиқии Зафарчаву Зикриллову монанди ҳамин. Ягон хел мусиқии помирӣ нест.

Гуфтам коре намешавад кард? Гуфт ту дар гӯши фил хобӣ. Мо нафас кашида натавониста истодаем, биё баъд мефаҳмӣ гуфт. Инҷо қонуну ҳиҷчи дигар нест.

Ҳозир каждий аз якдигар сомнений дорад, ки «иш бузай, уш бузай». Ана ҳамин хел.

Баъд ҳозир байни Шуғнону Рушон проблема соханд. Ин як виза ва ин бозӣ, ки ин мардумро аз ҳам ҷудо кардан аст. Ҳамин ду бародарро ҷудо карданд. Баъд власт дид, ки бо рушониҳо кор карда мешавад, дид, ки инҳо вазифадӯстанд, ҳамаашро дар вазифаҳо монд.

Ҳозир байни Мирзонаботу Ризо Назарзода раиси шаҳр шапошап

Раиси шаҳр дар пеши мардум гуфта истодааст, ки шуморо Мирзонабот фурухтагӣ аст. Армияро Мирзонабот даровардагӣ аст. Ман раис мешавам, ҳама айб аз ҳамин аст.

Мисол ҳамонҷо хонаҳоро тақсим карданӣ буданд. Ин раиси шаҳр гирифт бе иҷозати раиси вилоят имзо карду дод. Ӯро раиси вилоят фарёд кард, ки чи маро признават намекунӣ? Корочи байни инҳо ҷанг. Раиси шаҳр гуфтааст: «мара аз Душанбе занг заданд, ваъда доданд, ки ту раиси вилоят мешавӣ».

Ба мардум гуфта истодааст, ки  ман армияро надаравордам. Инҳо байни ҳам барои вазифа шапида истодаанд.

Онҷо ҳозир милисаҳо барои худашон дар Телеграм группа ташкил кардагианд ва ба воситаи он мардумро ғам медиҳанд.

Сафорат ва «бузҳо»: шикори паноҳандагон дар Аврупо

Бародар Муҳаммадиқбол! Инҷо як масъалаи дигар ҳаст. Ин масъалаи бузҳо дар Олмон мебошад. Баъзе аз ин бузҳо дар Рӯзи Президент дар 16 ноябр дар Дуселдорфи Олмон омаданду бо сафири Тоҷикистон рақс карданду қарсак заданд. Забти наворҳои онҳо ҳаст. Инҳо ягонтоаш ҷабрдида  нестанд, ҳамаашро обратно ватан роҳӣ мекунанд. Раведу ҳамонҷо рақс кардан бигиред мегуянд.

Ман дар алоқа ҳастам бо баъзе аз онҳо. Дар онҷо гапу кор бисёр аст,ки дар ояндаи наздик ҳамаро шоҳид мешавед.

Инҳо-сафорат, ҳозир юрист доранд. Ба ҳукумти Олмон пешниҳод кардаанд, ки инҳо паноҳанда нестанд, инҳо самозванетсанд, проверкаашон кунед, инҳо дурӯғ мегӯянд, инҳоро обратно роҳӣ кунед. Ташкили ин чорабинӣ як доми хубе буд барои он,ки ба ҳукумати Олмон нишон диҳанд,ки инҳо ҳеҷ мушкили сиёсие надоранд ва дурӯғ мегӯянд.

Ҳозир ҳамин кор рафта истодааст. Ҳамин бачаҳоро, ки кадоме рақс карду қарсак зад  ҳамаашонро обратно ватан роҳӣ мекунанд. Бо факту далел! Мегуянд, ки агар ин ҷабрдида ва гуреза  бо коргари ҳукумат-литцо государство чи хел рақс мекунад, боз дар рӯзи Прзидент. Дар ҳоле, ки аз дасти ҳамон гуреза шуда бошӣ, чаро дар Рӯзи ҷашни вай хурсандӣ мекунӣ? Инҳо, аз ҷумла Деҳқон Деҳқонов ва ду, се маймуни дигар. Онҳо ҳамроҳи Амриддин буданд. Суратҳои онҳоро дар Группа ҳам партофтанд. Аммо имрӯз ин мард маҳкам асту инҳо бо ҳукуматиҳо рақсу шодӣ мекунанд. Значит ҳаминҳо фурӯхтагианд. Амриддини бечора мочевой пузираш кафидагӣ бо памперс мегардад. Вале инҳо дар рӯзи президент дар толор рафта рақс доранд. Ҳозир бачаҳо конкретно кор карда истодаанд дар Олмон.

Помириҳоро зани дуюм гиред, хунашон тоза шавад

Абдураҳмон Аламшозода (Бузмаков), муовини аввали ВКД, ки дар соли 2022-2023 аз роҳбарони асосии ҷанги зидди помириҳо дар Рӯшону Хоруғ буд аз қавли Рамазон Раҳимзодаи вазири дохилӣ ба милисаву амниятиву низомиҳо супориш дод, ки «помириҳоро зани дуюм бигиред хуношона тоза кунед».

Ин гапро як бор президент ҳам дар маҷлисе дар Хоруғ гуфта буд. Гуфт чаро ба занӣ намегиред? Бигиред, рафту омад шавад, «бигирен занои помириҳора». Аммо Раҳмонов ин гапро нагуфт, ки «шумо ҳам (яъне мо помириҳо)аз Кулобу Данғараву Кангурту Балҷувон зан бигиред. Аммо гуфт «биёен помириҳоро бигирен барен». Фармон яктарафа буд яъне барои Хатлониҳо иҷозат барои помириҳо не. Бовар кун бародар, сарам дар ҳамон ҷо  ҷушид, ки «и чихелӣ гапай, ки мода мумкин набудаст, шумода мумкин будаст»?

Дар таърихи Хоруғ барои онҳое, ки имрӯз дар Хоруғ ҷавлон зада бо воҳимаву виқор мегарданд, он вақтҳо допуск дода намешуд. Инҳо Маскав рафтанду баъд гапзан шуданд. Ҳозир ҳаминҳо- мардуми қишлоқ аз Роштқалъаву Рушон милисаву амният ва властро гирифтагианд. Бачаҳои Хоруғ 80% маҳкам, гуреза ва кушта шуданд.

Эраҷи касой чи гуна дафн шуд

Як Эраҷи касой буд, як чашмаш тарафи шимол як тоаш тарафи шарқ, замначалники Управления, полковник, предатели №1 буд. Вақте ки паралич шуду мурд, ягон кас хокканӣ ва ҷанозааш нарафт, ягон кас. Он вақт власт дар дасти мардҳо буд. Хешовандонаш даже нарафтанд. ОМОН ва милисаҳоро супориш доданд. Рафтанду қабрашро канданд ва гӯру чубаш карданд. Ягон кас хонааш нарафт, касе таслият ва таъзия баён накард, даже хешу табораш нарафт дуъо кунад. Ба наздикӣ бо супориши мақомоти Душанбе Алишер Мирзонабот як кучаро ба номаш номгузорӣ кард. Вай аз ҳамин Хоруғ буд. Вай чанд сол пеш дар ҳамон ҳодисаи соли 2012 хеле мардумро парронида буд. Халифа ҳам нарафт барои дуъо кардан. Ба фикрам онҷо як нафар аз Муминобод дар бозор калуш мефурӯхт, ҳамонро бурданд, дуъо кард.

Халифа ва ҷамоатхонаҳо под запрет

Ҳозир агар пеши халифа барои тумору таштоб биравӣ, ягончи ба даст намеоварӣ. Халифаҳоро полний китобҳояшонро мусодира карда ва дар кори онҳо запрет мондагианд.

Дар Телеграм бачаҳо як группа ташкил намуда бо ҳам суҳбат мекарданд. Ба наздикӣ як бачаро дар Хоруғ кормандони амният барои риш меқапанд. Аммо ин бача намедонист, ки дар ватанаш чи гапу хабар асту  ин навомадаҳо чи қоидаҳо ҷорӣ кардаанд. Ин бача аз Амрико барои аёдати наздикон ба ватан рафта буд. Ду коргари амният сари раҳашро мегиранд:-«ту бо чи иқа худта гаренӣ гирифтаӣ, чаро ришта бланд мондай» гуфта дағдаға мекунанд. Ин бача нагло на три букви посилаташон мекунад: Шумо киед, ки ба ман чунин гап мезанед? Чи кор доред, ба риши ман?

Инҳо дарҳол подкреплений- опергруппаро фарёд мекунанд ва бачаро бор карда мебаранд. Телефонашро мегиранд ва ончиро, ки барояшон лозим буд:-суҳбату наворҳои мазҳабӣ меёбанд. Хуллас, аз он бача 10.000 сомониашро мегиранд. Мегуянд, ки агар ин хел наворҳои мазҳабиат мефорад ва диндор ҳастӣ бирав ҷамоатхона китоб бисёр ҳаст.

Мегуяд рафтам ҷамоатхона, ягон китоби динӣ нест, фақат китоби пешвои миллату китоби «Тоҷикон» -ро чиндагианд. Ягон китоби диниву маҳзабӣ нест, ягон китоби Носири Хисрав нест ё дигар, ки бигириву бихонӣ. Фақат суратҳои пешвои муаззами миллат ва китоби «Тоҷикон» .

Ман гуфтум «э паъат инҷо ман чи бихонум»?

Дар ҷамоатхона пеш аз инҳо бачаҳо охранна меистоданд, гремит мекарданд. Ҳозир миилисаҳо меистанд, аз отдел охранна. Лаънатиҳо бо попушӣ медароянд, чизе гуфта наметавонем. Ҷамоатхона як ҷойи поку муқаддас, хонаи худо, онҷо бояд тамоман покиза ворид бишавӣ, аммо ин худобехабарҳо то муқаддасоти мо Исмоилияҳоро таҳқиру хурд карданд. Мегӯянд:  «шумо исмоилиҳо намозу масҷиди чи дорен ва шумо чию намозхондантон чӣ».

Як нафари онҳо гуфта аст, ки каме дигар тоқат кунед мо ҳамаи ҷамоатхонаҳои шумо-гансҳоро ба дискотека табдил медиҳем ва духтаронатонро дар инҷо раққоса мекунему отдих мекунем.

Шикастани сукут: чаро ин нома бояд нашр шавад

Бародар Муҳаммадиқбол! Ин шо Аллоҳ бо нашри ин нома мову шумо сукути ҳавлноки мардуми сарбаланди Помирро хоҳем шикаст ва аз ин ба баъд сокинони ин вилояти бузург чи аз дохил ва чи аз хориҷ дар бораи ҳаводису руйдодҳо ҳатман ба Ислоҳ менависанд.

Саломат бошед.

Ҳушдор ба помириён:
Ҳушёр бошед ва худро аз муборизон ҷудо нагиред. Таърихи ҳокимияти ин режим нишон дод, ки бо ҳар роҳу васила, як ба як, ҳар касеро, ки танҳо мемонад, мешиканад. Имрӯз навбат ба дигарон аст, фардо метавонад навбати ҳар яке аз шумо бошад. Қувват дар ваҳдат аст, на дар сукут ва ҷудоӣ!.

Сообщение Помир зери фишор: «шикастани Помир ва помириён ҳамчун сиёсати давлат» появились сначала на ISLOH.net.

Номаи модари Бадахшӣ, ки Раҳмонов писарашро шаҳид кард
18-май аз замони ҳаводиси хунини Бадахшон се соли пурра сипарӣ мешавад. Дар ин рӯз, се соли пеш Неруҳои мусаллаҳи кишвар тазоҳуроти осоиштаи помириҳо, ақалиятҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистонро ҳадафи тир қарор дода даҳҳо нафарро ба шаҳодат расониданд.

Расонаҳои дунё ва созмонҳои байналмилалӣ роҷеъ ба ин ҳаводис то ба имрӯз суолоти зиёдеро матраҳ мекунанд, аммо ба иқрори Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури худкомаи Тоҷикистон фармони тиркушоӣ ва «безараргардонӣ»-и муътаризинро худи вай содир кард. Ва вай он замон гуфта буд, ки «илоҷи дигар набуд» ва «ман фармон додам бе зарар гардониданд»

Дар номае, ки аз Бадахшон ба дасти «Ислоҳ.нет» расидааст,  модари як ҷавони шаҳидшуда ҳодисаро ба ин зайл шарҳу тафсир кардааст.

Нома аз Бадахшон

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман як зодаи Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҳастам, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯшон.

Бародари нотарсу далер Муҳаммадиқбол. Ман худам барои шумо  бори аввал менависам. Ба шумо пайғоми як одами бузурги ғамзадаи чиғархунро мерасонам.

Ин одам як модари помирӣ аст ки фарзандашро дар рӯзи 18 майи соли 2022 куштанд.

Агар навиштаи ман хатоӣ дошта бошад, бахшиш, чунки ман худам намедонам чӣ нависам, аммо аз нақли ҳамон модари ҷигархуни бечора менависам.

Кор ин тавр буд. Моҳи апрели соли равон ба ватан рафтам, хабаргирии волидайн ва хешу табор.

Ман чор сол пеш аз хона баромада будам. Вақте рафтам ва бо чашмони худам дидам, гӯё, ки ман ба як концлагерь афтодам. Помири мо пеш ин хел набуд, ҳозир тамоман дигар. Дар Рушони зодгоҳам қариб буд, дилам кафад.

Гап кӯтоҳ, яке аз шаҳидони ҷавон, ки куштанд, ҳамсояи ман буд. Ман баъди ду рӯз пеши подару мадари ӯ хабаргирӣ рафтам. Нав аз дар, ки даромадам, модари ин ҷавонмарг маро диду чунон дод зад, ки ман худро гум кардам. Падари вай ҳам омаду гиряро сар кард.

Ман камтар онҳоро тасаллӣ дода ором кардам. Ман гуфтам холаҷон ва амакҷон  ,ғам нахуред, ҳамааш ҷавоб медиҳанд, вале онҳо ба ман нигоҳ карда гуфтанд:

«Нее, мо умеди худро кардем, хозир ҳама ҷо номардиву ҷой аз номардон шудаст бачаҷон». Боз камтар суҳбат кардем, ки як ҳамсояи дигар даромад ва мо суҳбатро  дигар тараф тоб додем.

Вақте ки ман рафтанӣ шудам, он модари бузург ба ман нигоҳ карда гуфт, писарҷонам, ту боз кай медароӣ, камтар гапҳо дорам бо ту.

Ман гуфтам холаҷон, ман инҷо бисёр намеистам, бисёр душвор ба ман, ман баъди ду ҳафта меравам.

Вай гуфт, ҳатман пеши ман даро, ман ба ту гапҳои бисёр дорам. Ман хуб гуфта рафтам.

Ман баъди зиёрати мазори шаҳидони мо ва корҳои худ боз пеши онҳо рафтам.

Даромадам, камтар сӯҳбат кардем. Баъд амак гуфт ман камтар кор дорам, ту бо холаат гап зан гуфта баромад. Баъд аз рафтани амакиам, дарҳои хона боз буданд. Хола ба тарафи ман назар карда, гуфт,писарчон рафтем даруни қушхона гап занем.

Даромадем дарун, вай болишт партофта гуфт бачаҷон бишин гап дароз.

Тарафи ман нигариста сар кард ба нақл. Чашмонашро тез -тез аз ашк тоза мекунад.

Гуфт: Бачаҷон, ман аз зиндагиям сер шудагӣ, бачаи ёши маро куштанд, мо вайро ҳамон сол зан доданӣ будем, лекин писарамро аз мо гирифтанд.

Болои ин ҳама, вайро хоини давлат эълон карданд.

Бачаҷон ту нав аз Россия омадаӣ, ку бигӯ ягон чиз, ман ба кӣ арзу шикоят кунам, пеши кӣ равам, ки ба додамон расанд. Ман ин хел наметавонам, ҳар рӯз бачаямро дар хоб мебинам.

Ман ба ӯ нигариста гуфтам, модарҷон, ҳозир ин кори номумкин аст, мардуми Помир ва оппозицияи Точикистон дар Аврупо аст. Онҳо ҳам ҳама ҷо муроҷиат карданд, лекин то ҳоло ягон чӣ бар ин номардҳо накарданд.

Вай гуфт, гапҳои маро бояд шунаванд тамоми ҷаҳон,ту бачаҷон гапҳои маро мерасонӣ, ҳама ҷо, намедонам чӣ хел, аммо мерасонӣ.

Тарафи ман нигоҳ карда гуфт якеашро пеши Анора Саркорова мерасонӣ.

Ман гуфтам, холаҷон, вай апаам Анора ҳама чиро навишт ва гуфт, аммо ман медонам пеши кӣ нависам.

Вай резко тарафи ман нигоҳ карда гуфт, кияй ҳамон одами бузург? Ман гуфтам як одам аст, номаш Муҳаммадиқбол, вай барнома дорад.

Баъд гуфт писар, ман мефаҳмам, ҳама телефонҳои моро гӯш мекунанд, моро ором намегузоранд, баъзе ҳамсояҳои нокас, ҳатто пеши мо намедороянд, ҳама ҷо хабаркашӣ шудааст.

Ҳамон соли 2022 16 май шаб бачаам наомад хона. Ман бисёр ташвиш кашида занг задам, вай гуфт модарчон ғам нахуред, ман ҳозир меоям. Аммо ҳамон шаб наомад. Саҳарӣ занг задам, гуфт ҳозир меоям. Баъд обеди даромад. Ману падараш вайро камтар даъво кардем. Вай гуфт, модарҷон, як бор рав бин, артиши калон дар он ҷо. Агар мо роҳро кушоем тамоми бародарони моро дар Хоруғ мекушанд. Ман гуфтам, агар шуморо инҷо кушанд чӣ? Вай гуфт бигзор аввал моро кушанд, баъд бародаронамро дар Хоруғ, мо ин хел инҳоро намемонем.

Бегоҳӣ вай омада гуфт, падар модар ман рафта меоям. Ваъда доданд, ки ба Хоруғ намераванд. Падараш ба вай нигариста гуфт, писар ту номуси манӣ, ба инҳо бовар накунед, лекин худатро эҳтиёт кун.

Маро ҳамон шаб хоб набурд. Телефон ҷавоб намедиҳад, саҳари барвақт сар шуд, садои тиру туфанг ва болоямон вертолёт сар кард паридан. Ман фаҳмидам бачаямро дигар намебинам.

Баъд аз ду соат сиёҳпушон сар карданд хона ба хона кофтан. Гуфтам ба шаҳр бирав ягон ҷо худро пинҳон кун.

Вай рафта худро пинҳон кард. Баъд аз ним соат сиёҳпушон даромаданд, ҳама чизро шикастанд, ҳақорат карданд. Ман духтарамро дар даруни ҷомадонҳо ҷой кардам.

Яке аз онҳо тарафи ман нигоҳ карда гуфт куҷо шуданд мардҳо. Ман гуфтам ҳама дар сентр. Вай гуфт  ҳозир тамоми занону духтарони помириро таҷовуз мекунем.

Бачаҷон, то ҳоло ман ин сагҳоро дар пеши назар мебинам.

Баъд аз як рӯз фаҳмидем, писари моро ҳам куштаанд.

Ҷасади писарамро оварданд, ягон ҷои тоза набуд, 3 тир задагиянд, яке дар сараш дута танааш. Танааш ҳама ҷо сиёҳ буд. Пеш аз куштанаш, чунон онҳоро заданд, ки ҳайвонро ҳам ҳамин хел намезананд.

Писарҷон ҳамон одамҳо одами одӣ набуданд, онҳо мисли одамкушҳо буданд, рангу руйяшлн дигар хел буд. Маълум буд, ки ин одамҳо фақат барои куштани одам даркоранду тамом.

Тамоми бачаҳои ҷавонро дар кучаамон барвақт гирифта бо тарс додан аз оружия   пеш-пеш карда бурданд. Баъзеашонро маҳкам карда, баъзеашонро куштанд худи ҳамон рӯз.

Хуни бачаи ман то ба қабристон бурдан рехт. Дар қабраш мемонанд ҷисми чоку пораи вайро.

Бачаҷон, ба ин куштори бачаҳои Рӯшон ҳамон рӯз, гунаҳкори номери 1 Лайло Чоршанбиева  ва Фаррух Додихудоев ҳастанд. Боз чанд нафари дигар мисли Сабзалӣ Мамадисо ва….

Боз ҳамон вақт сардори милитсия номашро фаромуш кардам вай тоҷикзабон буд, бачаҳоро вай бештар куштааст. Баъд Раҳмонов вайро мукофот дод.

Ана ин ду кас ҷавобгари куштори ҳамон рӯзаи помириҳо ҳастанд.

Ана ин Лайло Чоршанбиева худаш чанд бор ҳамон вахт Душанбе занг зада гуфтааст, тезтар ягон кор кунед, моро заданд мактабро гирифтанд.

Ин саги ҳаром Фаррух Додихудоев ҳам занг зад. Лайло Чоршанбиева  бояд фаҳмад, чи хел гунаҳкори ин кушторҳо шудааст.

Бачаҷон, баъд аз куштори ҳамон вақт, ҳамсояи моро бурда маҳкам карданд. Баъд аз ду рӯз вайро ҷавоб доданд. Лекин вай хона омада худро ба дор овехт. Баъдтар фахмидем, вайро дар отдел таҷовуз карданд, вай тоқат накарда худро кушт.

Бачаҷон магар ин дуруст аст? Худи ҳукумат мардро таҷовуз мекунад?.

Мо наметавонем садоро баланд кунем, мо дар даруни зиндон ҳастем. Лекин мо ин хел инро намемонем, мо ҳатман садои худро мебарорем.

Бо бачаҷон ҷашни Ваҳдати миллииро ҳам дар Помир гузарониданд. Тамоми мактабачаҳоро мебаранд ба маршировка, дарс намехонанд, ин чи бетарбиятӣ.

Мардуми Помир, асосан мо модарони ҷигарсухтаи Рӯшон, Хоруғ ва Шоҳдара, аз афту башараи ҳамон барзагов безорем.

Ин чи беадолатӣ аст ки болои захмҳоямон намакоб мепошанд. Ман ба тамоми бачаҳои ҷавони Помир муроҷиат мекунам. Мо дигар фарзандҳоямонро намебинем, лекин шумо метавонед, баҳои хуни онҳоро гиред. Қасоси фарзандони мо дар гардани шумост! Хуни онҳо қарзи ҳар яки Шумо аст. Агар даркор шавад мо ҳам ҳамроҳи шумо меистем. Мо бо шумо бовари дорем

Бачаҷон ҳозир дар инҷо бузу хабаркашу дуруя бисёр шудаст,

ба мисли Нобовар Чаноров, Савзалӣ Мамадисоев -як ҳароми нодон аст.

Лекин мегӯянд, ки наворҳое, ки дар соли 2022 мардумро парондагӣ ҳастанд дар дасти баъзеҳо одамҳо вуҷуд дорад, лек метарсанд. Вақту соат мебиёяд, нишон медиҳанд. Ана бачаҷон инҳо гапҳои ман буданд, бояд аз ин беадолатиҳо ҳама бифаҳманд.

Писарам ин гапҳои маро ба ҳамон бародари бузургам бирасон, то 18-майи хунин чоп шавад, бигзор тамоми олам бифаҳманд, мо модарони ҷигарсухта ором нашиштаем.

Ва пайғом ва сипоси ман ба помириҳои дар Москва бударо бирасон. Дар он вақтҳо моро нигоҳбин ва кӯмак карданд, раҳмати калон. Арвоҳи бачаи шаҳиди ман аз онҳо шод бошад.

Ва дар охир он модари бузурги ҷигарсухта маро сахт бусиду гуфт, писарҷон, наист инҷо, бирав пеши зану оилаат. Бори аввал буд, ки дар 3 сол камтар сабукӣ ҳис кардам. Дуди ғами диламро холӣ кардам ба ту. Намедонам, таваккал ба Худо, мерасанд гапҳои ман ба халқ ё не?

Ман дар охир ваъда додам, ки модарҷон ман ҳатман, гапҳои шуморо мерасонам ба ҳамон марди мубориз.

Модар гуфт агар гапхои маро ба вай расондӣ ,бигу ба вай, ки арвоҳи писарони шаҳиди мо аз вай розиянд. Ман дар ҳақи вай ҳамеша дуо мекунам.

Ман вақти хайру хуш кардан, гуфтум, мо модарҷон то Москва рафтан ягон кор карда наметавонам. Баъд, ки расидам, ҳатман ин гапҳоро ба вай менависам.

Вай маро сахт бусиду гиря кард, гуфт, саросема нашав, худатро эҳтиёт кун, дуои ман ҳамроҳи ту.

Бародар Муҳаммадиқбол, дар ин ҷо ман суханҳои он бузургмодари фарзандгумкардаро тамом мекунам.

Ба шумо муваффақият, сарбаландӣ ва бозгашти сарбаландона ба ватанро орзумандам.

Худо ҳофиз!!

Сообщение Номаи модари Бадахшӣ, ки Раҳмонов писарашро шаҳид кард появились сначала на ISLOH.net.