Архивы Садои азон - ISLOH.net

Дар Рашт садои азонро бо суруди «хатуба» пахш мекунанд
Номаи маро алоҳида нашр кунед №47

Номаи имрӯза, ки аз Рашт ба «Ислоҳ» фиристода шудааст, хеле аз масъалаҳои муҳимми рӯзро матраҳ кардааст. Муаллиф гуфтаааст, ки онро таҳти таъсири як навори «Ислоҳ» навиштааст.

Дар ин нома дар бораи аъмолу кирдори як нафар имомхатиб, ки дар борааш қаблан ҳам «Ислоҳ» навишта будааст,смсухан меравад.

Низ дар ин нома аз мушкилоти омада ба сари масоҷиди Рашт гуфта шудааст. Вақти азони масҷид суруди ҳиндиро бо супориши амният бо овози баланд мемонанд, то намозхонҳоро халал расонанд.

Дар ин нома аз «бачаҳакои боло», ки барои масъулияте бо пойи кафшу мошини шалақа меоянду баъди чанде савори Прадову Лексус мешаванд, ба шиддт изҳори нигаронӣ карда шудаааст.

Нуктаи дигари ҷолиби нома ин аст ки муаллиф ба Раҳмонов муроҷиат карда мегӯяд, ки мо ҳам харҷу масраф карда донишгоҳҳоро хатм намудем, аммо чаро дар ҳама вазифаву мансаби ноҳияи мо фақат ҳамшаҳриву ҳаммаҳалҳои худатро таъин мекунӣ. Муаллиф шикоят кардааст, ки ҳатто лесхози ноҳияро, чи расад ба милисаву амнияту суду прокурор, аз Данғара овардаанд.

Ғармӣ будан ҷиноят аст, ки моро зулм мекунанд?

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.

Ман якум бор аст ки ба шумо нома менависам. Рӯзи иди рамазон баъди намоз ба хона омадам, телефонамро кушода дохили Ютуб шудам. Дар экрани телефонам дидам, ки як навор аст ки дар болои он «Аз Ғарм то ба Данғара» навишта шудааст. Гуфтам ин чи бошад ва кушода тамошо кардам. Аллоҳ баракат диҳад шуморо бо ин сайти кушодаатон. Чунки ман тамоман дар бораи ин навиштаҷот тасаввурот надоштам, барои ҳамин то охир гӯш кардам.

Он бародаре, ки ин номаро навиштааст дар ҳақиқат рост гуфтааст. Вале вай ҳатто 20%ашро ҳам нанавиштааст. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки номи ин бузҳоро дар ҳикояти таърихи ноҳияи Рашт нависеду сабт кунед. Оянда набераву писарони ин бузҳо хонанду бидонанд, ки падарону бобокалонҳои инҳо кӣ буданд?

Ман худам зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати Тагоба мебошам. Мо ҳар иди Рамазон ва Қурбон намози иди Фитр ва Қурбонро дар ин ҷамоат, дар қишлоқи Тагоба, ки пештар Хилмонӣ ном дошт, мехондем. Ин ҷамоат аз 9 қишлоқ иборат аст. Сокинони қишлоқҳои Гилканду Йиртамчӣ, шаҳраки Навобод мераванду Зарифӣ, Хиштирок, Дуоба, Чухтак, Каландак, Порвог дар қишлоқи Хилмонӣ намозро мехонем. Ин калонтарин масҷид аст дар ин дара. Вале инро фақат дар ин ду ид мекушоянд. Аз он сабаб, ки одамон бисёр мешаванду масҷиди Навобод намебарад. Мутаассифона ин рамазон намозро дар масҷиди Хилмонӣ иҷозат надоданду дар масҷиди Порвог хонданд. Аксарияти мардум аз қаҳру ғазаб ба Порвог нею ба Навобод, Шул ва Ғарм барои адои намоз рафтанд. Хуллас, мо рафтем ба масҷиди Порвог. Байни мардум гап -гап рафт, ки чаро дар Порвог, ки масҷидаш майда аст. Ин масҷид барои баъзе қишлоқҳои дигар дурӣ мекунад. Хилмонӣ ин сентр ва ҷамоату беморхонаву масҷиди калон, ки ҳамаро мебарад чаро дар онҷо намонданд, мепурсиданд мардум байни ҳамдигар. Хуллас, гуфтанд, ки куратори амният намондааст. Мо, ки ҷавонем он қадар таҷрибаи рӯзгорро надорем, гуфтем, хуб намоз намоз аст, ҳар ҷое иҷозат бошад, ҳамон ҷо мехонемаш.

Вале дар сафе, ки ман нишаста будам, гӯш андохтам яке ба дигареаш мегуфт кор кори дасти Мулло Назриддин аст. Ин мулло Назриддин ҳамонеаст, ки дар барномаи «Номаҳои № 240» ин бародар каме дар борааш гуфта буд. Ин мард ба дигареаш мегуфт: «ами каландира 100 хизматша кнӣ, серавно каландиша мекнад. Ай Камаров суршон кадан омадан дар ин Тагова шуҳратмандию обурӯро дар ин Хилмонӣ пайдо намуданд. Мардуми ин деҳот бисёр мардумони хубе ҳастанд. Ҳурмату эҳтиром ай тарафи ин мардуми Хилмонӣ ҳам гирифтанд, оқибат корашро кард. Инаш гуфт Назриддин иҷа  причом аст?. Гуфт ана ҳами ба телефон гуфтааст,ки «ма зур будам ё раиси ҷамоат? Раиси ҷамоат мна напурсид, ки дар ҳами масҷид мо намози идро хонем, хест амниятро пурсид. Ана раван куҷое мехоҳанд хонан. Ба як сухани як марди порвогӣ сари амниятиро тоб додаму намозро дар Порвог мондам. Иқа сарсон шаван идафа. Аввал, пеш ай амният мана мепурсанд дар оянда.  Да иҷа ҳам амнияту ҳами прокурор ҳамаш манм. Бояд аввал иҷозати мана гиран».

Баъди ин гапро шунидан дарк кардам, ки ин бародар дар барномаи 240 номи инро гирифтаву гуфт, ки ин маҷбур аст. Барои онки дар Афғонистон буд дар ҷанги шаҳрвандӣ. Охир дар ин намоз чи маҷбурӣ аст? Баъд боз гӯш кардам. Гуфт вақте раиси пешина Алишер будтамоман ходаш намедод ин мулло Назриддинро.

Барои коре мегӯяд ба пеши Алишер рафта будам, занг задам. Раис «чодаӣ»?

Дар Ғарм гуфтам. Ин тавр бошад дар Навобод вомехурем. Хуллас, мо вохӯрдем, ки Назриддин зангаш зад. Раис гуфт ҳозир, ку ин буз чи мегӯяд?

Гуфт «раис мо ҳамин ҳафта туй дорем». Ин раис бошад гуфташ, ки «и қонуни давлатай. Зани трам ме**я зани боҷатам, зани раиси ҷамоатам. Туй -пуй намекнӣ. Телша кшт, хело ҳақораташ кад».

Вале боз ҳамин шермардони ҳамин Хилмонӣ хотирандоз шуданду тӯяшро доир кард. Ана ин раис, ки аз қишлоқи худашон -Зоиршо аст рафта иҷозати намозро аз ноҳия гирифтааст. Пеши ман наомадӣ, ман сархатиби намози ҷумъахонии шаҳраки Навободам гуфта хондани намозро дар Хилмонӣ намонд. Ана бузро бераҳмаш. Ин мардуми Хилмонӣ бояд ин лаъинро зада -зада боз ба ҳамон Камароб роҳиаш кунанд. Намозро дар Порвог хондем. Пагоҳаш дар ин қишлоқ ҷаноза шуд. Дар вақти қаврканию гӯркунӣ гарчанде меҳмонҳо аз шаҳр ҳам, ки буданд ин суханҳо боз такрор шуданд. Додараш Сияршо қаҳраш омаду ба Шокир ҷанг шуд.

Яке аз хешовандони мулло Назриддин Сиярро гашта гуфт, ки чи пуштӣ мегирӣ, то кай мо ҳақорати ин мардумро гӯш кунем, безор шудем.

Шокир рост мегӯяд. Кадом корашро гӯӣ шахсан ман доказаташ мекунам, ки аз дасти акаи ту аст. Сияр бошад гуфт, ки ин кори дигар кас аст, акаи манро фармудааст. Гуфтанд, пас бигӯ, кори кист? Хомуш монду гуфт наметавонам, бигзор замин кафаду дароям. Лекин ин шо Аллоҳ як рӯз не як рӯз ҳақиқат рӯй мезанад. Он касе фармудааст ва барои пул мулло Назриддин ин масҷидро маҳкам кард. Он шахси фармоишгар зодаи ин деҳот аст. Он рӯз шарманда мегардад. Агар номуси мардӣ дошта бошад Назриддин. Фидоев бошад муаззини масҷид мебошад.

Як вақтҳо фирмаи Фароз радиоҳоро оварда сумашро гирифту рафт. Дар тамоми ҷо часпонда буданд. Фақат суруди хатуба мехонданд, ҳозир  дар ягонҷо нестанд. Аммо дар ин масҷиди Хилмонӣ ҳаст. Дар вақти азон чунон балад мемонадаш, ки не азонро мефаҳмию не намозро. Шахсан ман гуфтамаш Назриддин чаро пасташ намемонӣ-вақти намоз аст. Гуфт амният мегӯяд дар вақти азон ва хондани ҳар як намоз суруди хатубаро баланд мон ва чи хеле мефорад, катагӣ кун, «гапзанша фалон мекнам».

Пурсидамаш, ки аз худо наметарсӣ? Мегӯяд «ҳозирашда даври инҳояй,тағарам даркорай».

Ҳозир дар қишлоқи мо барои ҷои якумро гирифтан дар бузӣ пойга аст. Мардҳову бачаҳо тамом нашуда занҳо, яъне беваҳоямон сар кардаанд. Пештар танҳо як Садоқати духтари Қурбоналӣ буд. Аммо ҳозир бисёр шудааст. Ин шо Аллоҳ  дар номаи дигар ҳамаашро менависам.

Муроҷиати ман ба мулло Назриддин. Медонам, гарчанде саратро тоб додаанд ба монанди сари Саъдуло, ки раиси ин қишлоқ аст вале аз изояш намеояд ба ин қишлоқ муовинаш акаи Хуршед корро пеш мебарад, рӯзе мешавад туро ба монанди ана ҳамин Саъдуло аз изоят виҷдонат намебардорад, ки дар ин деҳа биистӣ, он вақт ба суоли мардум чи ҷавоб хоҳӣ гуфт?.

Гарчанде Саъдуло ба монанди ту ягон ҷоро маҳкам накард, аммо чапа кард, ки асфалташ мекунам. Чанд сол гузашт, вале ку асфалт? Ба ин савол ҷавоб нест. Чаро ин кори Саъдуллоро фикр накардӣ? Ту ку донандаи дин ҳастӣ. Баъзе корҳо гуфти худат аз дастат меояд. Чаро ҷавонони ин ҷамоатро началник ГАИи Навобод Шоназар номаш аст ва худашро аз Қалъаи сурх  мегӯяд бе сабаб меқападу ҷарима мекунад ва маблағи калон ҳам мегирад. Ҳол онки ту домуллои медонӣ, ки ин касофат ғармӣ нест. Ин аз ноҳияи Хуросон, аз Ғозималик мебошад, тоҷики тоза нест, худат медонӣ. Дар Ғарм мард  нест, ки дар ин вазифаҳо биистад, чунки боло инро намехоҳад. Бояд аз «бачаҳакои боло» бошанд.

Чаро сари роҳи инро намегирӣ ва ақалан ҷояшро чаро аниқ намекунӣ, ки чи миллат аст,аз куҷо, номи аслиаш чист, чунки оянда ба мо даркор аст ин гаишник.

Ман як дӯст дорам дар Навобод. Вай гуфт вақте маро қапид суми калон пурсид. Як хешамон дар мақомот вазифаи на он қадар баланд дорад, вале зангаш зад ва гуфт на онки ҷияни маро, агар як бори дигар як дарвозиро меқапӣ, меорам медонам чикорат кунам. Ҳозир дарвозиро намеқапад, ки Навобод қариб ним зиёдаш дарвозӣ мебошад.

Вай маро гуфт хеши мо чени Шоҳ-командир дар мақомот обурӯ надорад, чаро ақалан як бор Шоҳ гап намезанад. Шоҳ гап назад. Шояд намедонад, лоақал ту гап зан домулло. Аз фурсат истифода бурда ба Шоҳ гуфтаниям: -Шумо ку началник милитсияи ноҳияи Хуросонед. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунад ба хотири нону намаки ин сарзамин фармон деҳу ин ғозималикиро ранги ин ҳайвони хунхор онҳо ҳам ҷаримаю сумкоркуниро сар кунанд. Дар вақти омаданаш бо як мошини шалақаи нексия омада буд ҳозир Тойота кемри ё карола др зери пояш аст. Ба як маоши давлат аз куҷо дар Душанбе 3 хонагӣ? Вой ба ҳоли ту барин зӯр, ки ҷавонони ватанатро ғорат доранду ту бошӣ даст боло карда боз дуояшон медиҳӣ.

СССР  барҳам хурд. Ту инро дидӣ ба чашмат. Ин шо Аллоҳ ин ҳукумат ҳам барҳам мехурад. Наздик аст он рӯзи бузург. Бо ин советникҳоят, ки ин масҷидро маҳкам кардию бо мегӯӣ зӯр кӣ будааст. Ту агар муллои ҳаққонӣ бошӣ набояд дар телефон ин тавр мегуфтӣ. Акнун, ки гуфтӣ ин шо Аллоҳ рӯзе мешавад шармандавор худат аз ин ватани азизи мо баромада меравӣ.

Муроҷиати ман ба ин бародаре, ки ин номаро аз Маскав нашр кадааст. Дар бораи  як бригадирои хунхор,ки маблағи онҳоро қариб, ки20%ашро мегирифтааст Вай аз Московский яъне Ҳамадонӣ будааст. Акнун, ки ту ҷавонию калаат кор кардааст,  мегӯӣ ҳақамонро хӯрду хӯрда истодааст. Бояд инро падараш пурсад, ки ин қадар пул аз куҷост? Ман бо шумо розӣ. Вале суоле пеш меояд, ки агар ин падарон ин суолро кунанд ва кардаанд, медонӣ писараш чи ҷавоб додааст? Гуфтааст «ата вақте мо майда будем фақат орд меовардӣ, ки ба монанди синка буд. Мо нон нею синка мехурдем. Акнун,ки лубойчи барои ман фаровон аст гап назан бухур ата».

Дуввум  агар ин падарҳо пурсанд дар вилояти Хатлон почти падаре писарашро нопурсида намемонад.

Ҳозир мо тоҷикҳо дар Русия як хеламон миллионер шудем. Шояд падари ин бригадири шумо фикр мекунад, ки писарам ягон бизнес дорад. Вале суол ин аст ки чаро падарони дигаре,ки фарзандонашон дар ноҳияи Рашт барои адои хизмат мераванд ва медонанд, ки писарони мо ба монанди ҷанобашон костюму брюкро   прокат гирифта мераванд вале баъди як- ду моҳи кориашон ба падаронашон  Прадову Лексуси последний моделро равон мекунанд ва дар сентри Душанбе хонаҳои боҳашамат месозанд. Магар ин падарҳо намедонанд, ки дар ноҳияи Рашт заводи Лексусу Прадо нест.

Тоҷикистони мо сомонии худашро дар Германия печат мекунад, чаро намегуянд, ки писарам ин пулҳо, ин хонаҳо, ин мошинҳо, ин гуспанду гову  картошкаву дигару дигараш аз куҷоянд?.

Мо дар ватани худамон мегӯем мусалмонем, бояд луқмаи ҳаром нахурем. Пас андеша кун бародар. Модоме инҳо дар ин ватани мо, ки 99% мусалмону намозхон аст, яъне дар инҷо фақат мо тоҷикем, мақсад узбеку лақаю калуғу фарғоначиву неверуюший нест, ин корҳоро аз Русия дида бисёр мекунанд, падарҳояшон  ягон боре намепурсанд.

Он бригадири шумо дар ватане аст ки онҷо тамоми миллат ҳаст. Шояд барои хамин дар хаёлаш ҳам наояд ин гапҳо. Бовар кун ба ночор мебарандат мегӯӣ дар қонун ин тавр нест. Мегӯяд ман задагиам қонунатро ва ҳам ҷанобатро. Вақти сумкоркунӣ аст: «ма бояд корш кнм. Мара фармидиян, агар мара нафарман манам намегирм»

Мегӯӣ охир наход барои як шапалоқ бачаи ҳамсояамро задан ман бояд 30 ҳазор сомонӣ ё барои бачаам, ки аз мурғхонаи ҳамсоя 5 сол пеш як дона тухми мурғ дузидааст? Мегӯяд, ки фарқаш нест: ё медиҳӣ, ё салафӣ, ё бар зиди сиёсати пешгирифтаи ин гови миллат баромадаӣ гуфта статияат мезананд, ҷавоб медиҳӣ. Мегӯӣ, пас, чаро худат ҳақораташ мекунӣ ва говаш мегӯӣ? Мегӯяд,ки « мара мепрсидаги одама, ки ин суолҳоро мепурсаду бурда сут мекна ма занша г***дагиям».

Ана ҳамин началник милисае, ки аз Навобод нав перевод карда ба Қурғонтеппа бурданаш шиштаасту зани переводкунашро ҳақорату дашном мекунад, ки «ай ҷои руғанӣ гирифта овард мара, мегӣ ма 30 ҳазор сомонӣ надорм. Мегуфт чанқае дорӣ зиётиша ҳисоб мекнем, сум надошта бошӣ, гӯспанду гову  бузу картошкарам меша. Дидӣ бародар ғайр аз мо ғармиё, ки сумшон метием, боз расходи хоҷагиҳояшон дар Хатлон аз ҳисоби мост».

Кадом як дарди ин миллатро рӯи ин коғази беҷон биёрем? Ҳозир аз мақомоти милисаву кгб халос нашида началник лесхоз ҳам аз Данғара монданд.

Охир таъминоти оилаҳоятон дар гардани мост. Монед мо ҳам кор кунем. Шарм бар шумо, ки наход як ноҳияи Рашт,ки аз 1992 бомбаборонаш кардед ва наканецта соли 2008 ба пурагӣ гирифтедаш як кадре надошта бошад ки лоақал дар лесхоз кор кунад? Ё метарсед, ки боз ба гуфти худатон террористон дар даруни ҷангаланд, фикр мекунед, ки ин одами мондагиатон как контрразведкаи Исроил чи хеле дар Фаластин мегардад вай дар даруни ҷангалҳо мегарданд: «брен як бор праверкаш кнен, 24соат пиён ховай». Агар чи гапе шавад ин одами мондагитон ёрдамтон кардан наметонад.

Боз ба қарибӣ ҳамаи контролёрҳои свети сокинони ноҳияи Раштро аз Данғара мемонанд, гӯйё данғарагиё пулҳора дуруст ҷамъ мекунанд.

Дар Русия аз дасти шумо ҳол надорем. Дар ватан барои мо ҷои кор нест. Як луқмаи нонро ба азобхо меёбем. Аммо канда аз даҳанамон мегиренаш. Худованд   шуморо бо ин касифи ҷанобатон хору залил кунад, ки мо бояд чи кор кунем? Мемонед ҳамин мардум осуда зиндагӣ кунад? Ё ба гуфти мақомоте бовариашон мекунию дар ин ноҳия мемониашон

гов як бор аз худ бипурс,гар мардӣ?

Ба ин мардуми Раштонзамин ғайри бади чи кардӣ ва чи карда истодаӣ? Худованд хору залилат кунад. Аллоҳума омин!

Боварамон надорӣ. Майлаш дар МВД, КГБ бигзор аз Данғара умуман сохтори қудратиаш вале дар дигар ниҳоду идораҳо мон мо ғармиҳо кор кунем.

Мо ҳам расход карда институту университет хондем. Имрӯзу пагоҳ мемурӣ. Охир ҳарчанд набошад ватани модариат Тагоба мебошад, ку.Як бор мард шаву ин шермардони Тагобаро, албатта бузҳояшро не, як дастгириашон кун. Мо, агар фарз кардем давлатро ҳам гирем, мо мардуми ба нону намакем. Ба хотири модарат туро ин қадар зулмеки ту болои мо мекунӣ, намекунем. Ба худо ба гӯшҳоям шунидам аз мақомотат, ки ҳамин хезиш сар шавад ин гушнаи оби фалони қалуғи модараш ғармиро мо худамон дораш мекашем. Бачаҳои Балҷувону Кангурту Фархору Кӯлоб буданд. То мо аз Рашт меравем инҳо медонӣ чи корат мекунанд? Инро фикр кардӣ?

Як бор дар Русия маро мегӯянд,ки ин гови ҳамватанат ватанамонро ҳаром кард.

Боқӣ дар амони худо бошӣ ҳазрат.

Агар манро мекобед аз Воронежи Москва меёбед. Лекин маро накобед. Ҳаминҳоро ба ҷавобгарӣ кашед. Мардум ҳамаи вақт бо шумост. Вале мардумро ин мақомотат ба худат чапу чақаву зид мекунанд.

Пасгуфтори Ислоҳ

Номае, ки аз Рашт расиду онро хондед, танҳо як дарди шахсӣ нест, ин тасвири возеҳи як режими фишор аст, ки солҳост бар сари мардум таҳмил мешавад. Дар ин нома чанд нуктаи мушаххас баён шудааст, ки наметавон онҳоро нодида гирифт.

Аввал: дахолати мустақими сохторҳои амниятӣ ба корҳои динӣ. Агар воқеан дар як масҷид вақти азон ба ҷойи садои муаззин суруди «хатуба» бо фармон баланд пахш шавад, ин дигар “назорат” нест, ин таҳқири ошкори арзишҳои динӣ ва озодии виҷдон аст. Ин амал на танҳо эҳсоси намозхонҳоро меранҷонад, балки нишон медиҳад, ки то чӣ андоза мақомоти маҳаллӣ ба эҳтироми дин ва мардум беэътино шудаанд.

Дуввум: бастани масҷидҳо ва маҳдуд кардани ибодат бо баҳонаҳои сохта. Дар нома мисоли мушаххас оварда шудааст: масҷиди калонтар, ки метавонад мардумро фаро гирад, баста мешавад ва мардум маҷбур мешаванд ба ҷойи тангтар раванд. Ин тасодуф нест, ин идомаи сиёсатест, ки солҳои охир дар саросари кишвар барои маҳдуд кардани фаъолияти масоҷид роҳандозӣ шудааст ва боз аламноктар  ин аст , ки имоми масҷид дар ин амали зишт даст дорад..

Севвум: фасоди идорӣ ва болоравии шубҳаноки мансабдорон. Дар нома номҳои мошинҳо, мисли “Прадо” ва “Лексус”, ва хонаҳои гарон дар Душанбе зикр мешаванд. Саволи оддӣ ин аст: бо кадом маош? Агар як корманди давлатӣ дар муддати кӯтоҳ соҳиби чунин дороӣ мешавад, ин нишонаи равшани сӯиистифода аз мақом аст. Инро на мардум пинҳон карда метавонанд ва на худи онҳо, чун ошкоро сурат мегирад.

Чорум:  сиёсати “ҳамшаҳригардонӣ”. Даъво мешавад, ки дар бисёр вазифаҳо танҳо афроди як минтақа таъин мешаванд, ҳатто то сатҳи лесхоз ва контролёрҳои барқ. Ин амал на танҳо беадолатӣ аст, балки пояҳои давлатдориро заиф мекунад. Давлате, ки ба адолат такя намекунад, дер ё зуд бо боварии мардум хайрухуш мекунад.

Ин ҳама далелҳо як чизро нишон медиҳанд: мардум мебинанд, дарк мекунанд ва хомӯш нестанд. Шояд имрӯз садои онҳо заиф намояд, аммо ҷамъшавии чунин нидоҳо як воқеияти дигарро месозад.

Ба онҳое, ки имрӯз бо такя ба қудрат худро болотар аз қонун медонанд, бояд гуфт: ҳар зулм оғозе дорад ва поёне ҳам. Таърих борҳо нишон додааст, ки ҳеҷ низоме бо фишор ва таҳқири мардум пойдор намемонад. Он чи имрӯз ба назар “қудрат” менамояд, фардо метавонад ба масъулият ва посухгӯӣ табдил ёбад.

Мардум фаромӯш намекунанд, на таҳқири масҷидро, на маҳдуд кардани ибодатро ва на беадолатиро. Ва рӯзе мерасад, ки барои ҳар амал посух хоҳед дод!.

Сообщение Дар Рашт садои азонро бо суруди «хатуба» пахш мекунанд  появились сначала на ISLOH.net.