Архивы Сайидҷаъфар Усмонзода - ISLOH.net

Рустам ҷойи Раҳмонову Озода ҷойи Рустам меояд. Раҳмонов болои боло меравад!
Инқилоб наздиктар мешавад?

Чунин як таҳаввулу тағйироти беназир ва бесобиқа дар моҳи марти соли оянда иттифоқ хоҳад уфтод ва Тоҷикистон давлату ҳукумати он амалан ба моликияти хусусии Раҳмонов ва Оилаи вай бадал хоҳад гардид, масалан мисли Спитаменбонк ва ё ширкати пулчинаки «IRS» ва ё фермаи ҳайвони калони шохдори «Мармарӣ» ва ё «Фароз» ва ё «Сифатфарма». Метавонед, ки Тоҷикистонро ҳам мисли ин корхонаҳо дар нохунак гиред ва моликияти частнийи Раҳмонову бачаву духтараш биҳисобед. Ва акнун на фақат Эмомалӣ Раҳмонов лидер ва пешво мешавад, аъзои Оилааш ҳам ҳамин тавр, мисли худи вай лидер мешаванд.

Тамоми тапуталош, ҷунбуҷул ва мисли дуздҳои шабрав омодашуданҳои Раҳмонов ва дорудастааш барои овардани Рустам аз он дарак медиҳад, ки вай қасд ва ният дорад ин протсессро дар замони баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳаллӣ, ки қарор аст моҳи марти соли 2025 доир шавад, гузаронад.

Ба Рустам дар аввал курсии раёсати ҲХДТ-ро медиҳад. Яъне Рустам Раҳмоновро аввал дар Ҳизби халқии демократӣ ва сипас дар раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон иваз мекунад. Интиқоли қудрат аз Раҳмонов ба Рустам тавассути  Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. Дуруст аст ки номзадии Рустамро Иттифоқҳои касаба ва Иттифоқи ҷавонон ҳам пешбарӣ мекунанд, аммо бинобар маълумотҳои расида тайи ду- се моҳи ахир дар долонҳои болои ҳукумат ва дар даруни худи Оила «корҳо» барои баргузории Анҷумани ғайринавбатии ҲХДТ пуршиддат идома дорад. Агарчи бисёр ҳам ноаёну пушида сурат мегирад, аммо Раҳмонов марҳалаи вогузории курсии зери пояш ба Рустамро шуруъ кардааст. Инки Си Ҷинпин дар сафараш ба Душанбе дар ин бора ягон ишора кардааст ё хайр, вале баъди рафтани вай тадорукот дар ин самт тундтар шуда истодааст.

Инки ҳизбҳои демократ, ислоҳоти иқтисодӣ ва сосиалистӣ бидуни кадом зарурате Анҷуманҳои ғайринавбатӣ доир ва «пир»-ҳоро гуселу «ҷавон»-ҳоро оварданд, беҷиҳат нест ва аз шуруъи иҷрои барномаи таҳвили қудрат аз падар ба писар дарак медиҳад.

Қарор аст Анҷумани ғайринавбатии ҲХДТ, ки дар он Раҳмонов истеъфо ва Рустам дар ҷояш раиси ҲХДТ интихоб мешавад, дар ҳамин наздикиҳо баргузор бишавад.

Овардани ҷавонҳо ба сари аҳзоби киссагӣ, ҳамчуноне қаблан ҳам гуфта шуда буд, дар чаҳорчуби барномаи таҳвили қудрат ба иҷро расида истодааст. Вагарна ҳиҷ зарурат ба баргузории Анҷумани ғайринавбатии ин аҳзоб набуд. Барои мисол Сайҷаъфар Усмонзода, раиси пешини ҲДТ ва намояндаи ин  ҳизб дар парлумони кишвар, ки феълан дар боздошт аст, замоне аз барузории Анҷумани ҳизбаш дарак ёфт, ки аллакай шахсияти раиси нави он мушаххас ва муайян шуда буд.

Хуб, агар интихоботи Рустам ва овардани вай дар дастури кор набуда бошад, чи зарурат бар иваз кардани раисони аҳзоб, масалан ҳамин Усмонзода? Ва, чаро дар ҳамин шабурӯз ҳукумат ба тағйири раисони аҳзоб даст зад?

Тибқи маълумотҳо интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз баҳори соли 2025 доир хоҳад шуд ва Раҳмонов курсиро барои Рустам ҳам дар ҲХДТ ва ҳам дар Раёсати ҷумҳурӣ тахлия хоҳад кард.

Шояд савол медиҳед, ки ин Анҷуманҳои ғайринавбатӣ кори худи ҳизбҳо аст, чаро бори ҳукумат мекунед? Саволатон дуруст аст. Вале бубинед, ки на Саидҷаъфар Усмонзода, на Ғаффорзода ва на Рустам Раҳматови ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ омода барои вогузории курсиҳо ва бахусус доир кардани Анҷуманҳои ғайринавбатӣ набуданд. Фикр мекунед, ки чаро яку якбора ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ Анҷумани ғайринавбатӣ баргузор мекунанд? Хуб, як ҳизб, ду ҳизб пеш аз вақт, ба иллати пеш омадани ягон ҳолати изтирорӣ ғайринавбатӣ Анҷуман доир кард, аммо, вале ҳамаи аҳзоби сиёсӣ чаро бояд дар як мақтаъи муайяни замонӣ ғайринавбатӣ Анҷуман ороянд ва  ҳатман раисашонро бигиранд ва ҳатман раисро нав кунанд?

Бубинед, инҳо, ки Анҷуманҳои ғайринавбатӣ доир карданд, ба чи даст ёфтанд? Чи бурд карданд? Касби обру карданд? Электорат зиёд карданд? Пойгоҳи иҷтимоияшон қавӣ шуд? Ва ё ягон баёния ва изҳороти сиёсӣ дар робита ба интихоботи оянда доданд?

На ва боз ҳам на! Ин аҳзоби киссагӣ дар асл филиал ва ё бахшҳои дигари ҲХДТанд, ки ба ҳангоми зарурат вориди саҳна карда мешаванд, то тавассути онҳо дар хидъаву шайтанати Раҳмонов сарпуш гузошта шавад. Ин бор фақат раисҳоро «ҷавон» карданд. Чунки ин навбат на худи пирамард, балки бачааш номзад ва довталаби асосӣ хоҳад буд. Бояд бо ҷавонҳо вориди интихобот шавад. Шарм карданд, ки акси Рустам ҳам дар ҷойи акси падараш якҷо бо Абдуҳалим Ғаффору Рустам Раҳмату Рустам Латипов ба унвони номзад нашр ва дар бюллетенҳои интихоботӣ сабт шавад. Барои ҳамин пешопеш доранд саҳнаороӣ ва маъракасозӣ ва «лабулунҷросткунӣ» мекунанд.

Агар ин Анҷуманҳои ғайринавбатии аҳзоб ба хотири компайни Рустам ва кори дасти худи Раҳмонов набошад, дуруғаш зуд ошкор намешуд. Ҳатман аз як ҷое дарз мехурад, ифшо мешавад.

Масалан Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сосиалист, як ё ду рӯзи пеш аз Анҷуман ба расонаҳо тасдиқ карда буд, ки ҳизбаш анҷумани ғайринавбатӣ мегузаронад, аммо курсии раёсат барояш ҳифз хоҳад шуд ва раис боз ҳам худи вай мешавад. Аммо, мебинем, ки як рӯз пасаш булбулаки Ғаффорзода дигаргуна ба сароидан сар кард. Гуфт пир шудааст ва ба ҷавонҳо эстафетаро супорид. Яъне  маҷбур карданд, ки биравад ва нафари ҷавонтар ояд. Ҳамин тавр ҳам шуд ва  Анҷумани як ҳизби ба истилоҳ парлумонӣ ҳатто ним соат бештар тул накашид. Харҷу масрафи баргузори Анҷуманашро ҳам намедонад, ки кӣ пардохт кардааст? Ҳиҷ масъалаву ҳиҷ маърузаву ҳиҷ ҳисоботу ҳиҷ гузорише ҳам набуд. Чунки барои Раҳмонов фақат ҷавон кардани раисони ин аҳзоб муҳим аст, дигараш ҳеҷ.

Аз худи Ғаффорзод ҳам ғарибтару аҷибтар нафари дар ҷояш омада аст. Ин нафар Ғулом Ҳалимзода ном дорад. Вай дар аввалин суҳбати матбуотиаш мегуяд:

«ҳаракат мекунем ба парлумон мутобиқ бошем, сонӣ моро интихоб мекунанд. Мо аввал бояд худро нишон диҳем».

Ва ё ба саволи хабарнигор: «Шумо барои маъракаҳои калонтари сиёсӣ, масалан интихоботи президентӣ омодагӣ мегиред?» посух медиҳад, ки: «Ман ҳанӯз ба ин чизҳо омода нестам, ҳанӯз дар ин бора фикр накардаам. Ин кор барои ман нав аст, ҳадафамон набуд, ки интихоб мешавам, ё интихоб намешавам. Ман ҳам дар як ҳаяҷон ҳастам, росташ».

Ин марди Худо самимона суҳбат кард ва рости гапро гуфт,ки «ҳадафамон набуд», «омода нестам», «дар ҳаяҷон ҳастам, росташ». Ин гуна ҳарфҳоро як нафаре, ки раиси ҳизб мешавад  ҳаргиз нахоҳад зад. Маълум аст ки ин «раисӣ» таҳти таъсири бисёр ҳам сахту шадиди омили берунӣ иттифоқ афтодааст. Омили берунӣ ба ҷуз аз интихоботи қабл аз вақти раёсати ҷумҳурӣ ва овардани Рустам чи буда метавонад?

Албатта пас аз ончи бар сари Усмонзода оварданд ва ба ҷояш кадри ҷавонро шинонданд,мо гуфта будем ин корро бо ҳама аҳзоб анҷом медиҳанд. Имрӯзҳо худатон шоҳиди он шуда истодаед.

Инки Раҳмонов Рустамро дар ҷойи худаш омода карда истода буд, ҳарфи наве нест. Аммо савол ин аст ки Раҳмонов, ки ҳануз аз соли 2016 ҳама шароит барои таҳвили қудрат ба Рустамро фароҳам карда буд, чаро то ба имрӯз сокит буду ҳоло мехоҳад бо ин аҷала қудратро биспорад. Вай метавонист дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2020 Рустамро оварад ва ё ҳоло ҳам то поёни замони қонунии худаш ҳам ду-се соли дигар мондааст, метавонист он сол оварад, вале чаро онро ждат намекунад. Хуллас, чаро маҳз дар соли 2025 мехоҳад қудратро биспорад?

Дар воқеъ Раҳмонов хеле барвақттар мехост, ки Рустамро сари кор оварад ва то замоне худаш ҳаст вайро «раисӣ» ёд диҳад. Аммо авомили асосан берунӣ ва ба эҳтимоли зиёд ноқисии худи Рустам сабаб шуд, ки ин равандро кашол дод. Вале ҳоло ин корро барои он мекунад, ки дар моҳи марти соли 2025 давраи навбатии интихоботи Маҷлиси олӣ сурат мегирад.

Раҳмонов қасд дорад интихоботи раёсати ҷумҳуриро якҷо бо интихоботи Маҷлиси олӣ-Маҷлиси Намоянагон ва Маҷлиси Миллӣ доир кунад. Чаро? Мехоҳад интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар сояи ин интихобот бигзарад ва дар бораи он сарусадо камтар бошад, балки аслан набошад ва он ҳарчиқадар ноаёну номаълум бигзарад. Чунки Раҳмонов медонад, ки на танҳо Тоҷикистон, тамоми ҷаҳонро аблаҳу аҳмақ фарз карда истодааст, чунки Раҳмонов медонад, даст ба ҷинояти мудҳиши давлатӣ зада истодааст, тасарруф ва ғасби ҳокимият карда истодааст ва ҳокимиятро бо роҳи найрангу фиреб ба дасти худу оилааш гирифта истодааст.

Инки Раҳмонов бетоби кардаву Сайҷаъфар Усмону Акбаршо Искандару Ҳамрохон Зарифиву дигарҳоро дастгир кард, дар чаҳорчуби ҳамин барномаи овардани Рустам аст. Мақсад касе лому мим нагуяд ва лому мимгуро, масалан Маҳмадсаид Убайдуллоевро антенна монд. Чанд бор бурду аз гирбенаш гирфт. Дигар мурад, ки ғинг намегуяд. Агарчи аз ин пеш ҳам ғинг намегуфт вале ғинг-ғинг мекард. Мисли як бачамард вориди саҳна намешуду рубоҳвор аз паси саҳна мегашт, ки яке…толеъ мададаш мекунад. Инки Раҳмонов бираваду Рустам биёяд, мутмаин бошед, ки чизе иваз намешавад, ҳама чиз бад неву бадтар мешавад, як дузд меравад, як дуздбача меояд, гов меравад, гусола меояд, пиёниска меравад, наркоман меояд, водка меравад, метамфитамин меояд. Хулоса мардуми тоҷик аз таги борон ба таги новадон мезанад.

Аммо Раҳмонов мехоҳад, ки ин маъракаи бузурги сиёсӣ, ин маъракаи сартосарӣ мисли як ҷаласаи пушида ва камодам ва хеле ҳам бесарусадо гузарад, то аз ин ҷинояти гушношунид камтар гап зананд, ба он таваҷҷуҳ ва диққат камтар ҷалб шавад.

Иллати овардани раисони ҷавон ба аҳзоб аз як су бо соли Рустам баробар кардани соли онҳо-ҳарифону рақибони дастисохт бошад, аммо сабаби асосӣ поин овардани сатҳи онҳо то сатҳи Рустам ва поинтар кардан аз сатҳи Рустам аст. Бовар кунед, ки ҳатто ҳамин Абдуҳалим Ғаффоров аз Рустам шараф дошт. Табдили раисони аҳзоби киссагӣ ва муханнасҳои сиёсии Тоҷикстон, ҳамчуноне ба ҳангоми табдили Сайҷаъфар гуфта будем барои Рустам аст. Як навъ изо кашиданд ва хиҷолаташон омад, ки дар соли 2006, дар соли 2013  ва дар соли 2020 ҳамин Абдуҳалиму Рустам Латипову дигару дигараш  ҳарифони Раҳмонов буданд ва боз ҳарифи Рустам шаванд. Барои онки ҳарифҳо ҷадид бошанд бояд роҳбарони ин ҳизбҳо ҳам нав карда шаванд. Вале бояд рақибони Рустам ҳарчи пасттару поинтар, номаълумтару нонамоёнтар ва ношиностар интихоб шаванд. Ва ин нафарон гапҳое заннад, ки на дар белу на дар каланд меистад ва на дар қуттии аттор ҳаст. Рустам дар байни онҳо булфузул, шахсият, политик ба ҷилва ояд, фарзанди фарзона уже дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохташуда. Си Ҷинпин саломаш кард. Валентина Матвиенко мешиносад. Шавкат Мирзиёев мешиносад. Қосимжомарт Тоқаев мешиносад, Сердар Бердимуҳаммадов ва Илҳом Алиев мешиносанд. Шухӣ гап аст чӣ? Ин Шаҳбози Аброру Ғулом Ҳалиму дигару дигарашро кӣ мешиносад? Шахсияти шинохташуда, тем более бачаи Пешвои муаззами миллат, «сер»,раиси Маҷлиси Миллӣ. Ва сариву сарварӣ ҳақи ҳалоли ҳамин шахсият аст. (Ҳоло мебинед, ки маърака сар шавад, абдуллораҳнамоҳо, атомирхуҷаҳо, сайф мизробҳо, акамшонҳо, давлатсафарҳо ва амсолаҳум аз Рустам чи сифатҳое намекунанд)  Аммо бархеҳо бар ин назаранд, ки Раҳмонов «хитрий ход» карда мумкин  дар моҳҳои ноябр-декабр худро ба касалӣ андозад ва корношоям эълон шавад ва Рустам минҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурӣ маъракаи интихоботиро таҳти назорати бевоситаи худ гирад ва таъйиду тасдиқ кунад, ки «кор ҳал шудаасту фақат расмиёташ бояд иҷро шавад».

Ин нақшаи Раҳмонов аз чанд соли пеш буд, ки мехост интихоботи раёсати ҷумҳурии пеш аз вақт ё зудҳангом баргузор кунад ва ҳоло айни вақт аст, ки онро бо интихоботи Маҷлиси намояндагон дар як руз доир кунад. Яъне дар моҳи марти соли 2025. То он вақт 7-8 моҳ боқӣ мондааст. Ва тибқи қонун марҳалаи интихобот се моҳ пеш аз рузи баргузории он эълон мешавад. Ба ин тартиб то шуруи марҳалаи интихоботӣ панҷ моҳ вақт боқӣ мондааст. Дар ин панҷ моҳ шарт набуд, ки аҳзоб внеочердной съез гузаронанд. Анҷумани интихоботӣ доир мекарданду вориди интихобот мешуданд. Аммо, масъала масъалаи раисҳо аст ки онҳоро тайи ин муддат ҳади ақал дар матбуот ном гиранд ва Рустам бо афроди ба он дараҷа гумном вориди корзор нашавад. Яъне раисҳоро то он вақт ақалан номҳояшонро мардум донанд ва Рустам ҳам гуё аз «қатор» намемонаду раиси ҲДТ мешавад ва ҳамакаса ба интихобот мераванд. То ин вақт раисҳои навро инструкторҳо ва советникҳо ёд медиҳанд, ки дар рубару, дар вохуриҳо  чи гуянд чи нагуянд. Мабодо боди корро набароранд. Ин шабурӯзҳо Раҳмонов дар фикри он аст ки чи гуна мардуми тоҷикро гул занад, аблаҳ аҳмақ кунад ва Рустамро президент кунад. Тамоми фикру зикраш ба ҳамин банд аст. Айни замон, чунон манобеъи мо аз Оила ва аз Дастгоҳ хабар доданд дар долонҳои ҳукуматӣ кор барои овардани Рустам дар раъси ҲХДТ ва баргузории Анҷумани ғайринавбатии ҲХДТ босуръат идома дорад.

Маълумотҳои шуми дигар низ ба мо мерасанд,ки чуноне бо Сайидҷаъфар Усмонзода, Акбаршо Искандаров, Шокирҷон Ҳакимов ва… бо иттиҳоми кудато ё переворот боздошту зиндонашон карданд. Ин корро бояд дар кулли кишвар дар дохилу хориҷ ҳар шаҳрванде,ки каме маъруфият дораду дорои фикру андешаи мустақил ҳаст бояд ба ҳар шакле бе зарар гардонда шаванд. Ҳатто бо зиндониҳои маъруфи кишвар ҳам ҳам чунин нақшаҳои шуме ҳам доранд. Яъне фазо ва ҷомеъаву кишварро комилан суфта ва тозашуда барои ҳукуматронии Рустам омода кунанд. Рустам бояд ҳеҷ мунтақиду мухолифе набояд дошта бошад. Дар ин чистка хело аз рутбадорҳои маъруфи низомӣ шомиланду ҳатман бояд безарар гардонида шаванд.

Хулоса, ғалбер аз об ба дериаш то моҳи март бардошта мешавад. Чунки замони амали Маҷлиси олӣ, ҳам тамом мешавад ва Рустам аз мақоми дуввум-раиси Маҷлиси Миллӣ меравад ва Раҳмонов чунин натиҷа гирифтааст, ки айни вақт аст ки якбораи ба курсии аввал оварадаш. Аммо курсии раиси Маҷлиси миллӣ-нафари дуввум камтар аз курсии раёсати ҷумҳурӣ нест. Онро ба кӣ медиҳад? Ончики ба мо маълумот расид, ин курсиро ба Озода медиҳад, ба Озода Раҳмонова, роҳбари феълии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон. Дар марти оянда интихоботи нав мешавад. Раҳмонов мехоҳад ноаёну хапу хомуш ин раванд ва ин марҳаларо ба анҷом расонад, то хаси масҷид наҷунбад, барги дарахт наҷунбад.

Ва худаш ҳам орому осуда бишинад дар курсии Пешвои муаззами миллат. Ва дигар тозанду тозанду дозанду дозанд.

Ин ҳамон бозии куҳнаи Раҳмонов аст. Бозӣ бо демократия ва бозӣ ба тақдири давлату миллату мардум. Як интихобот неву намои интихобот, сурат ва зоҳири интихобот.

Яъне халқ манбаъ ва сарчашмаи ҳокимият неву Оилаи Раҳмонов, наздикону шиносони Раҳмонов, вазирону раисони ҳукумати Раҳмонов манбаъи ҳокимиятанд. Халқ фақат манбаъи даромаду ғорату порагириву зиндонисозиву облававу амсоли инҳо аст. Ба ҳеҷ ваҷҳ садояш, эътирозаш, додаш шунавида намешавад.

Интихоботи ташкилмекардаи Раҳмонов ва овардани Рустамдар ҷойи худаш ана ҳамин ҳолатро идома медиҳад, балки садбаробар бадтар аз ин ҳолат мешавад. Хулоса ин ватан ва ин давлат ва ин мардум «гг»(гуҳандаргуҳ) мешавад. Тоҷик хандахаришу хандасор. Як оила як миллатро саворӣ мекунад.

Рустам пеши интихобкунандаҳо намебарояд. Мутмаин бошед. Дар ягон дебат ва гуфтугу ширкат намекунад. Чун наметавонад. Ҷуръат ва ҷасорат намекунад, ки бо мардум рубару шавад.

Як нуктаи ҷолиб. Ҳеҷ кадоме аз ин рақибон ва ҳизбҳои онҳо қароргоҳ-офис  надоранд.

Аммо, яке Рустамро завқаш боло гирифту гуфт аз қароргоҳи ҲСТ ва ё ҲДТ ва ё Ислоҳоти иқтисодӣ ва аграрӣ дидан карданӣ аст, куҷоро нишон медода бошанд? Ин барои Рустам мояи хиҷолат ва шармсорӣ нахоҳад шуд. Рустам –а!!?? Наход бо ҳамин гуна ҳарифон вориди сабқат шавад ва баъд гуянд бо чанд бомж интихобот омаду ғалаба кард, ба бомж кӣ овоз медиҳад?

Аммо барои инҳо муҳим нест. Муҳим ин аст ки «интихобот»-ро бигзаронанд ва то замони инқилоб ва шуришу қиёмҳои мардумӣ, ки танҳо чораи халосӣ аз ин Оила аст, дузданду тозанд,тозанду дузданд. Дигар ҳеҷ. Хулоса то интихоби Рустам хело бебандубориҳо ва буридани сарҳо, зиндонкуниҳо,ваҳшатафканиҳо аз тарафи режим сурат мегирад. Сангинтарин ҳолат мардуми кишварро интизор аст, мо гуфтему шумо шунидед!

Сообщение Рустам ҷойи Раҳмонову Озода ҷойи Рустам меояд. Раҳмонов болои боло меравад! появились сначала на ISLOH.net.

«Қимоб»-и табаддулот
«Табаддулот»-и Усмонзода  фархориҳоро як умра аз қудрат дур кард

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили ҳамакнун собиқи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва раиси қаблии Ҳизби демократи Тоҷикистон бо иттиҳоми қасди анҷоми «табаддулоти давлатӣ» муттаҳам ва рӯзи 12 июни соли ҷорӣ дастгир карда шуд.

Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон, ки рӯзи 14 июн дар ҳузури вакилони Маҷлиси намояндагон ҷиҳати азли ваколати Саидҷаъфар Усмонзода суҳбат мекард гуфт:

«дар пешбурди Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Саидҷаъфар Усмон ва дигарон бо моддаи 306 қисми 2 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кирдори ҷинояткориро барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият муқаррар менамояд, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад».

Саидҷаъфар Усмонзода нафари аввал дар майдони сиёсати Тоҷикистон нест, ки бо иттиҳоми «бо зуроварӣ ғасб кардани ҳукумат, яъне анҷоми табаддулоти давлатӣ» боздошт ва ба давраҳои тулонӣ маҳкум ба зиндон мешавад. Ва, яқинан Усмонзода ҳам айни Ёқуб Салимов, собиқ вазири дохилӣ, Ғаффор Мирзоев, собиқ раиси Горди миллӣ, Муҳаммадрузӣ Искандаров, собиқ раиси Тоҷикгаз, Мирзо Зиёев, вазири пешини ҳолатҳои фавқулодда, Маҳмаданазар Салихов, вазири пешини умури дохилӣ ва Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири мудофиа, соли кам нахоҳад гирифт. Инҷо ба ҷуз аз Усмонзода, боқии афрод нафарони низомӣ ва ҳамагӣ генераланд, ки баъзеашон мисли Мирзо Зиёев, Маҳмадназар Салихов ва Абдуҳалим Назарзода, мулаққаб ба Ҳоҷӣ Ҳалим аз тарафи неруҳои Эмомалӣ Раҳмонов бо зарби тир ва руирост кушта шуданд.

Аммо дар ин васат дар ошуби ба истилоҳ Ҳоҷӣ Ҳалим, ки дар сетябри соли 2015 ва ҳоло имруз дар табаддулоти Саидҷаъфар Усмонзода, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони миллии Тоҷикистон шарик дониста мешавад.

Дуруст аст ки дар қазияи Хоруғ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар баҳори соли 2022, ки даҳҳо нафар кушта ва даҳҳои дигар ба шумули генерал Холбаш Холбашев дастгир ва ба ҳабси абад гирифта шуд, исми яке аз муовинони ҷаноби Кабирӣ дар ПМТ Алим Шерзамонов садо дода буд ва ҳоло исми Шарофиддин Гадоев, муовини дигари Кабирӣ зикр мешавад, ки гуё сарпарастии ин кудеторо бо пули Кабирӣ бар уҳда доштанд.

Прокурори генералии Тоҷикистон мегуяд, ки «Тафтишот муайян намуд, ки Саидҷаъфар Усмонзода моҳи сентябри соли 2021 тариқи алоқаи мобилӣ бо муовини роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии «Паймони миллии Тоҷикистон» Шарофиддин Гадоев ҳамсуҳбат шуда, оид ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳати пешакӣ намудааст.

Шарофиддин Гадоев ваъда додааст, ки барои амалӣ намудани ин мақсад роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии «Ҳизби наҳзати ислом» Муҳиддин Кабирӣ ба ӯ кумакҳои пулӣ расонида, зиёда аз се ҳазор ҷанговарони ташкилоти террористии «Ҷамоати Ансоруллоҳ»-ро аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд».

Айнан ҳамин гуна иттиҳомро чуноне тазаккур кардем дар вақти тафтиши ҳаводиси Хоруғ баён карда буданд. Ва дар ошуби ҳоҷӣ Ҳалим низ гуфта буданд, ки гуё Муҳиддин Кабирӣ барои иҷрои  табадллуот  1 млн 200 ҳазор доллар додааст.

Аммо ин бор сухан аз 10 млн доллар ва ширкати гурӯҳи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» меравад ва ба фарқ аз «хоб»-ҳои пешини табаддулотии Раҳмонови қимоб аз калиаи табаддулот нафари иҷрокунанда на нафари низомӣ ва на генерал, балки як бигзор бигуем сиёсатмадор ва вакили Маҷлиси намояндагон Саидҷаъфар Усмонзода меравад.

Зимни суханронии худ Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ ва қудои Эмомалӣ Раҳмонов мегуяд, ки Усмонзода ба гуноҳи худ иқрор кард.

«Саидҷаъфар Усмонзода ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи ҷинояткоронаи худ дар дохили кишвар ва берун аз он тарафдорони худро аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ҷалб карда, гурӯҳҳо ташкил намуда, ҳар кадоми онҳоро барои иҷрои корҳои муайян вазифадор намудааст.

Тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда онҳо мехостанд дар кӯтоҳтарин муҳлат дар чанд гӯшаю канорҳои мамлакат вазъи ҷамъиятӣ-сиёсиро ноором сохта, бо роҳи ғасби биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ силоҳу аслиҳа тасарруф намуда, ҳокимияти давлатиро дар мамлакат зӯран сарнагун намоянд.

Саидҷаъфар Усмонзода барои содир намудани ин ҷиноят аз намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ барои ҷалби шахсони бонуфуз ва ташкил кардани гирдиҳамоиҳо 10 миллион доллар (ИМА) хоҳиш намудааст.

12 июни соли 2024 нисбати Саидҷаъфар Усмонзода ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда хамчун гумонбар дастгир карда шуд.

Гуноҳи Усмонзода С.У. бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла нишондоди худиқрорӣ, яъне бо гуноҳи худ пурра иқрор будан, сабти навор ва гуфтугӯҳо, нишондоди шоҳидон ва дигар далелҳои бебаҳс пурра тасдиқи худро ёфтааст.

Саидҷаъфар Усмонзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақоми вакилиаш то соли 2025 эътибор дорад».

Аз суҳбатҳои Юсуф Раҳмон бармеояд, ки Саидҷаъфар Усмонзода «худиқрорӣ» кардааст. Як бори дигар ба ин ҷумла ва муҳтавои он мутаваҷҷеҳ бишавед: «Гуноҳи Усмонзода С.У. бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла нишондоди худиқрорӣ, яъне бо гуноҳи худ пурра иқрор будан, сабти навор ва гуфтугӯҳо, нишондоди шоҳидон ва дигар далелҳои бебаҳс пурра тасдиқи худро ёфтааст».

Яъне ба ҷуз аз иқрори гуноҳ ҳамчунин дар дасти тафтишот «сабти навор ва гуфтугуҳо», «нишондоди шоҳидон ва дигар далелҳои бебаҳс» вуҷуд доштааст.

Ман ба дурустии нақшаи ин табаддулоти давлатӣ шаку шубҳа дорам. Бахусус, вақте Усмонзода, ки акнун ба унвони «лидер» ва одами асосии ин табаддулот эълон шудааст, филфавр «иқрор» кардааст ва низ тафтишот шоҳидону нишондодҳо ҳам дорад.

Бовар кунед, ки ин як бозии бисёр ҳам примитив аст ки ягон ақли солим бовар карда наметавонад.Масалан Усмонзода,ки дастпарвар ва сохта ва маҳсули эҷоди худи ҳамин режим аст,чи вазну ҷойгоҳе дорад,ки битавонад табаддулот анҷм диҳад.Магар Акбаршо Искандаров ва Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Ҳамрохон  Зарифӣ то ин ҳад хурду заиф шудаанду ба танг омадаанд,ки аз пушти Усмонзода,як нафаре дар осмони сиёсат муаллақ бираванд?

Аз тарафи дигар он намояндаи давлате, ки омода шудааст 10 миллион доллар бидиҳад, аз кадом давлат аст? Русия?

Вақти ошуби ҳоҷӣ Ҳалим Раҳмонов ва командаи вай Эрон, кишвари дар нохунак дӯстро ба унвони сарпараст ва сармоягузор муттаҳам карда буданд. Ҳоло, агарчи ном намебаранд Русияро дар назар доранд.

Вале оё дар ҳақиқат Русия мехоҳад дар Тоҷикистон табаддулоти давлатӣ анҷом диҳад ва Раҳмоновро нав кунад?

Ҷавоби кутоҳи мо ин аст ки Русия ин корро ҳаргиз намекунад ва дар фикри нав кардани Раҳмонов нест ва ҳар ки бовар дорад, ки Русия якчунин нақша ва қасд дорад бисёр ҳам хушбовар аст.

Аз тарафи дигар, оё шумо бовар доред, ки Русия бар муқобили Раҳмонов Кабириро пеш мегузорад ва ба вай пул медиҳад,ки Раҳмоновро чапа кунад?

Ин суолро ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ додам ва аз вай пурсидам, ки пас, иллати зикри ҲНИТ ва ПМТ ва номи худи у дар айбномаи Прокуратураи генералӣ дар айбномаи зидди Усмонзода чӣ аст?

Раиси ПМТ гуфт, ки байни Раҳмонов ва Путин ихтилофи ҷиддӣ вуҷуд надорад ва барои Путин Раҳмонов писанд аст. Вале зикри исми вай ва ҲНИТ ба он хотир аст ки дар воқеъ ҲНИТ ҳамин ҳоло ҳам, агарчи дар кишвар амал намекунад, пурнуфузтарин ва пуртарафдортарин неруи сиёсӣ дар Тоҷикистон аст. Барои боварбахш садо додани ин табаддулот аз ҲНИТ зикр шудааст. Ва зикри «Ансоруллоҳ», ки на як бору ду бор барои сияҳ кардани ҲНИТ пеш меояд, низ ҳисобшуда аст, яъне Кабирӣ бо созмонҳои террористӣ дар иртибот аст.

Муҳиддин Кабирӣ афзуд,ки Раҳмонов бо зикри ПМТ ва исми раиси он дар қасду нақшаи таҳияи парванда ва айбҳои нав алайҳи мо ва созмони мо аст ва мехоҳад ба аврупоиҳо моро ба унвони як шахсият ва гуруҳҳои табаддулотгар нишон бидиҳад ва бигуяд, ки шумо бо чи касоне паноҳандагӣ медиҳед ва ҳамкорӣ мекунед.

«Мо ҳеҷ гоҳ пинҳон накардаем, ки дар қасди тағйири ҳукумати Раҳмон ҳастем, аммо тавассути мардум ва миллат на аз тариқи афроди алоҳида ва на аз тариқи табаддулот».

Акбаршо Искандаров, Ҳамрохон Зарифӣ …. “ва   дигарон”-и  гуфтаи Прокурори генералӣ

Тибқи хабарҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарзхурда феълан бархе аз шахсиятҳои пурнуфуз ба мисли Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шурои олии Тоҷикистон ва  и.в. президенти Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо Усмонзода дастгир шудаанд. Асомии афроди дигар ҳам дар дасти мо ҳаст, ки онҳоро бозҷуӣ ва бозпурсӣ карда барои баъзе аз онҳо ихтор додаанд, ки берун нараванд ва шиносномаҳои хорҷиии онҳо гирифта шудааст.

Аз шумори ин афрод Акбаршо Искандаров ва Ҳамрохон Зарифӣ, бинобар маълумоти аз манобеъи муътамад ба дасти мо расида аз чанд руз ба ин тараф дар СИЗОи амниятанд. Ҳамчунин як сарҳанги КДАМ бо номи Нарзулло Наимов ва низ як сарҳанги гумрук бо номи Нурулло Ғаниев   дар доираи ин парванда дастгир шудаанд. Нурулло Ғаниев беш аз як моҳ пеш дастгир шуда буд барои тасарруфи амволи давлатӣ вақте иртиботашро бо Убайдуллоев ва СС. Ятимов пайдо намуданд ин шабу рӯзҳо ӯро дар ин қазияи “табаддулот” ҳамроҳ карданд.

Гуфта мешавад,ки манзили зисти Акбаршо Искандаров дар рӯзҳои 16 ва 17  мавриди кофтукоби неруҳои қудратӣ қарор гирифтааст. Пайвандонаш барои вай ба СИЗО либос бурдаанд.

Ва, аммо нуктае, ки мешавад инҷо зикр кард, кам нест. Барои мисол масъалаи қудоии Саидҷаъфар Усмонзода бо СС.Ятимов, раиси КДАМ. Бинобар хабарҳо аз чандин вақт ба ин тараф Ятимов он ҷойгоҳу мақоми собиқи худро надорад, балки баракс Раҳмонов бар садоқати вай шубҳаи сахт  кардааст. Ва тибқи хабарҳои расида Раҳмонов баъди омаданаш аз Маскав пас аз иштирок дар ҷашни бахшида ба ғалаба рӯзи 9 май уро дигар аслан қабул накардааст.

Нуктаи дигар нақшу роли русҳо ва Русия дар ин гуна бозиҳо аст. Аз Ғаффор Мирзо, то Салихову дигарҳо гуё ба бозии русҳо афтода қурбонӣ шуданд. Русҳо ҳар аз гоҳе бо Раҳмонов мушкил пеш ояд ҳамин гуна «кудетоҳо» “ташкил” мекунанд ва Раҳмоновро бо ин васила зери фишор қарор медиҳанд. Чун онҳо  аз ҳирсу ози  Раҳмонов бохабаранд ва медонанд ки вай омода аст барои ҳифзи курсиаш ба пасттарин корҳо даст бизанад.

Аммо ин бор Раҳмонов бозиро густардатар гирифтааст. Тавассути ин ба ном табаддулот сари чанд нафар аз шахсиятҳоро дар дохили кишвар бихурад ва саҳнаро комилан холӣ бикунад, аз тарафи дигар парвандасозӣ барои ПМТ ва сияҳсозии оппозитсион ва роҳбарияти он дар Аврупо бикунад.

Вагарна афроде амсоли Акбаршо Искандаров ва Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Ҳамрохон Зарифӣ баъид аст ки дар ин гуна тавтиаҳои алакӣ ва масхара шарик бишаванд, бахусус,ки агар дар ин бозиҳо барои мисол ҲНИТ, созмони сиёсии исломӣ ҳам шарик буда бошад.

Феълан як Ситоди махсус аз ҳисоби мақомоти қудратӣ барои тафтиши қазияи кудетои Усмонзода ташкил шудааст,ки ин бор роҳбарии он бар души Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ ва қудои Эмомалӣ Раҳмонов гузошта шудааст. Агарчи ин афрод, ки гуфта мешавад то кунун беш аз 60 нафарро ташкил медиҳанд дар доираи моддаи 306 мазнун шинохта мешаванд ва бозрасии ин модда дар салоҳияти КДАМ аст аммо тамоми ҷараёноти бозрасӣ таҳти контроли мустақими Юсуф Раҳмон аст   ва ҳар шахси мазнун ва ҳамшарики Усмонзодаро маҳз бо фармони Юсуф Раҳмон даъват ва бозпурсӣ карда мешавад. КДАМ,ВКД дар итоати ситоди ташкил кардаи Юсуф Раҳмон аст ва ҳери фармони ӯ амал мекунанд.

Ва, дар охир ин хабар ба дасти мо расид, ки манзили зисти Акбаршо Искандаров дар пушти беморхони Қараболо мавриди кофтукоб то ҳатто заминаш побел ва фарши матбахаш канда ва касеро нагузоштаанд, ки   ки ворид шавад. Нафари шоҳиди воқеъӣ аз мақомот ба “Ислоҳ”мегуяд, ки бачаи калонии Искандаровро аз Хитой даъват кардаанд ва бачаи дуввумашро аз Маскав.

Зани дуввуми Искандаров (зани аввалааш фавтидааст) як рус будааст, ки ҳамзамон адвокаташ ҳам мебошад, аммо роҳ надодаанд, ки бо Искандаров суҳбат кунад. Гуфта мешавад мақомот гуё чанд наворҳои тасвирии суҳбатҳои Искандаров дар кадом тарабхона бо Усмонзодаро доштаанд.

Ҳамчунин боздоштҳои язгуломиҳо дар дохил ва дар берун ва истирдоди онҳоро  аз Русия ва инки онҳо бо Ансоруллоҳ робита доштаандро низ дар доираи парвандаи ҳамин қазияи кудетои Усмонзода банду баст карданианд. Яъне талош карда истодаанд, ки ин ҳодисаро ҳарчи бештар калону бузург нишон диҳанд. Тибқи маълумоти расида ба “Ислоҳ” фармон чунин аст,ки адади афроди гумонбар ва гӯйё дар ин табаддулот шарик набояд аз 150 нафар кам бошад. Чунин савол шудааст,ки агар натавонем ин миқдор пайдо карда чикор кунем? Посух чунин будааст,ки клани Фархориҳо дар мақомотҳои қудратӣ бояд дар ин қазия дохил карда шаванд ҳамчун фармоишгар ва Язгуломиҳо амаликунанда нишондода шавад. Дигар ба ҳеҷ нафар аз Фархориҳо эътимод накунанд ва аслан дар иҷрои фармон ҳеҷ раҳме нахуранд.

Аз чанде аз ҳамсояҳои Искандаров баёнот ҳам гирифтаанд. Аз ҳамсояҳо суол кардаанд, ки Искандаров дар хонаҳои онҳо чизе пинҳон накардааст. Ва ба наздикони Искандаров ҳушдор додаанд, ки ҳеҷ ҳарфе ба берун нагуянд, чун телефонҳояшон гуш карда мешавад.  Ва нуктаи дигар ин аст ки ин манзили Искандаров дар шафати манзили Рамазон Раҳимзода вазири дохилӣ қарор доштааст ва манбаъ мегуяд,ки Искандаров солҳо мешавад, ки инҷо зиндагӣ намекардааст.

Ps: Ин маталаб аз оғози ин қазия буд, ки тақдиматон гардид. Ҳар маълумоти ҷиддитаре ба дасти мо расид ҳатман онро тақдимаатон менамоем.

Сообщение «Қимоб»-и табаддулот появились сначала на ISLOH.net.

Шаҳбози Аброр, раиси ҲДТ ё рақиби кисагии Рустами Эмомалӣ
Шаҳбози Аброр, вакили 34-солаи Маҷлиси вакилони Душанбе бо анҷоми як табаддулоти  барқосо Сайидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро аз раёсати ҲДТ –Ҳизби демократи Тоҷикистон барканор ва курсии №1-и демократҳои ин кишварро  ишғол кард.

Тардид надошта бошед, ки ин навбати табаддлот дар ҳайати раёсати ҲДТ ҳам бо мусоидати дақиқан ҳамин «боло» анҷом шуда буд. Вале дар тафовут аз табаддулотҳои қаблӣ ин бор ин табаддулот ба андозаи сурохии сузан ангезаи дарунҳизбӣ надорад. Саддарсад кори дасти «боло» аст. Ва Сайидҷаъфар Усмонзода, ки низ чанд соли пеш бо кумаки ҳамон «боло» вале бо пуштибонии ҷамъе аз демократҳо табаддулоте барпо ва ин курсиро аз марҳум Масъуд Собиров кашида гирифт, агарчи мегуяд вокуниши вай ин табаддулот ба мавқеъи раиси ҷумҳурӣ вобаста аст, аммо хуб медонад, ки пушти ин корҳо худи раиси ҷумҳурӣ  истодааст ва дақиқан аз ин табаддулот огоҳ аст ва ҳатмани ҳатман «о,кей» дода ва ба барномарезону муҷриёни он «як ҷаҳон ташакур» ва «аҳсан» ҳам гуфтааст. Аз ин ҷо аст ки Усмонзода гуфт, ки даъво ва судкашӣ нахоҳад кард.

Аммо ҳоло пурсиш инҷост, ки чаро ин табаддулот руй дод ва ҳадафи он чӣ аст? Ва чаро «боло» ҳамчунин тасмим гирифт ва магар Сайидҷаъфар Усмонзода, чи бад кард, ки осӣ ва рад шуд?

Сайидҷаъфар Усмонзода давоми раисиаш дар ин ҳизб ба ҳеҷ амале даст назадааст, мавриди итобу дучори нобоварӣ ва нороҳатии «боло» қарор гирифта бошад. Балки баракс ҳамвора гапу ҳарферо мезад, ки дар асл он гапу ҳарфи ҳамин «боло» аст. (Вақте мо «боло» мегуем, шумо бидуни ягон фикру мулоҳиза Раҳмоновро  дар назар дошта бошед). Барои ҳамин ангеза, сабаб ва ҳадафи табаддулоти навбатӣ дар ҲДТ, барканории Усмонзода ва овардани Шаҳбози Аброр ба фаъолияти Сайидҷаъфар Усмонзода аслан рабт надорад. Чун, чуноне гуфтем, ҷаноби Усмонзода сохтаву овардаву руёнида ва шинонида ва дастнигари худи ҳамин «боло» аст ва ҳеҷ вақту ҳеҷ гоҳ аз лутфу марҳамати  «боло» канор намондааст. Ва, ин эҳтимол, ки тавассути ин ҳизб дар маъракаи ояндаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки номзади асосии «боло» Рустами Эмомалӣ аст, рақибе бар муқобили он қад алам хоҳад кард ҳам вуҷуд дошта наметавонад. Ҳамон «рақибони эҳтимолӣ», ки хоҳ ҳоло дар сари кор нестанд ва хоҳ дар сари коранд, яқинан ҳаваси ин курсиро доранд, аммо ҷуръат ва ҷасорати вориди арса ва корзор шуданро надоранд. Вагарна дар маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013 шонс ва имконоти Маҳмадсайид Убайдуллоев бартар ва муҳкамтар аз Эмомалӣ Раҳмонов буд.

Аммо ҳоло чи шуда, ки Шаҳбози Аброрро, як шахси ноошно ва тамоман номаълум ноаёнро  оварданду бар сари ҲДТ шинониданд ва ӯ ҳам дар суҳбати аввал ё нахустин баёнияии матбуотиаш  эълон кард, ки «киссагӣ» нахоҳад буд. Ин дар ҳоле, ки вай то инки раиси калон шавад, раиси ҲДТ дар Душанбе буд. Ва, то ҳоло касе ҳатто аз вуҷуди вай огоҳӣ надошт.

Шаҳбози Аброр агарки киссагӣ набуд тамоми ахбори марбути ин табаддулот дар расонаҳои расмии ҳукумати Тоҷикистон: «Ҷумҳурият» ва «Ховар» дарҷ намешуд. Беш аз ин ҳатто «Ховар» бо нашру чопи матолиби ҷонибдорони Шаҳбози Аброр ошкоро аз вай тарафдорӣ кард ва ҷавоби навиштаи Сайидҷаъфар Усмонзода ба ин «ибтикорот»-и Шаҳбози Аброрро «игнор» кард.

Дар шумори вакилони Анҷумани ғайринавбатӣ шинонидани донишҷуёни кадоме аз донишгоҳи Душанбе ҳам шаҳодат медиҳад, ки «мо киссагӣ» намешавем гуфтанӣ Шаҳбози Аброр як ҳарфи пучу бемоя аст.

Аммо чаро ҷаноби Шаҳбози Аброр ҳамчунин баёния дод? Барои онки ҲДТ солҳост, ки кисагӣ аст ва на танҳо ҲДТ, тамоми аҳзоби мавҷуд дар Тоҷикистн киссагианд.

Шаҳбози Аброр на фақат киссагӣ аст, Шаҳбози Аброр бадтар ва беобрутар аз киссагӣ хоҳад буд.

Сайидҷаъфар Усмонзода, Абдуҳалим Ғаффорзода, Амир Қарокулов, Олим Бобоев, Исмоил Талбаков дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар солҳои 2006у 2013у 2020 рақибони Эмомалӣ Раҳмонов буданд. Рақибони беҳтар ва муфидтар аз рақиб.

Масалан ҳамин ҷаноби Усмонзода он вақт ки худаш муддаии курсии раёсати ҷумҳурӣ буд мегуфт, ки аъзои хонаводааш ба Эмомалӣ Раҳмонов овоз медиҳад. Мазоҳу масхараву обрурезӣ аз ин бештар  дигар  намешавад. Таҳқири демократияву интихоботу миллату мардуму давлат аз ин бештар намешавад. Киссагӣ будан аз ин бештар намешавад.

Фақат ба хотири онки дар барга-бюллетени интихоботӣ ин номҳо дар паҳлуи номи Эмомалӣ Раҳмонов навишта шавад ва онҳо рақибони интихоботӣ ҷилва дода шаванд ва дар ҷомеаи дохил ва байналмилалӣ вонамуд кунанд, ки интихобот бо рақобат буд, ин нафаронро ҳамчун номзадҳои интихоботӣ сабти ном мекарданд ва ҳама афроди зикршуда раисони аҳзобанд ва дар Тоҷикистон танҳо ҳизбҳо ҳақ доранд, ки барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзад пешбарӣ намоянд.

Бовар кунед, ки Раҳмонов ва дастгоҳи вай шабуруз дар фикру хиёли гул задан, аҳмақ кардан фанду фиреб додани мардуми тоҷик аст. Раҳмонов ҳам Усонзодаро задагӣ ва ҳам ҲДТро. Вай бо ин кор қасду ғарази дигар дорад.

Гуё Шаҳбози Аброр аз фаъолиятҳои ду соли ахири Саидҷаъфар Усмонзода норозӣ асту барои фаъолиятҳои ҲДТ-ро пурсамар кардан курсиро аз зери пойи вай гирифтааст. Кӣ ба ин гап бовар мекунад?

Ин баёния ҳам як ҳарфи ҳавоӣ ва тамоман бемаънову бемантиқ аст.

Шаҳбози Аброр чи кор карда метавонад? Ҳеҷ!

Вайро оварданд, ки акнун рол ва миссияи Сайидҷаъфар Усмонзодаро дар интихоботи ояндаи президентӣ, ки ин бор Рустами Эмомалӣ номзад мешавад бозӣ ва иҷро бикунад. Барномарезони он интихобот, ки дар саргаҳаш худи Эмомалӣ Раҳмонов истодааст, мехоҳанд, ки Рустам ҳамроҳ бо кондидҳо-рақибони ҷавон вориди маъракаи интихоботӣ бишавад ва акнун мунтазир бошед, ки дар бақия аҳзоб ҳам ҷавонҳо-ояндаҳои миллат курсии раисҳоро мегиранд ва омадану овардани онҳо на барои он аҳзоб, ки дар асл онҳоро ҳизб гуфтан ҳам ҷоиз нест, ба хотири ҳамин Рустам  ва интихоботи вай аст. Яъне Шаҳбози Аброрро на барои ҲДТ оварданд, Шаҳбози Аброрро оварданд, ки рақиби Рустами Эмомалӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ кунанд. Маълум аст ки вай чи гуна рақиб хоҳад буд. Рақиби номаълумтар, рақиби белабу даҳантар, рақиби гунгтар аз худи Рустам, яъне як рақиби пасттару поинтар, аммо ҷавон. Чунки «боло» фикр кард, ки бо рафтан ба интихобот бо Саидҷаъфар Усмонзода, Абдуҳалим Ғаффорзода,Рустам Латипов, Толиб Бобоев ва амсоли инҳо, ки раисони аҳзобанд Рустам дар хиҷолат хоҳад шуд, чун инҳо «як ҳаёт» рақибони Эмомалӣ Раҳмонов буданд ва шояд барои Рустам «западло» бошад, ки вай ҳам бо ҳаминҳо маъракаи интихоботӣ ташкил бикунад. Чи магар ҷавонҳои довталаб вуҷуд надоранд? Як каме бошад ҳам тавре интихобот баргузор бишавад, ки мардум ва махсусан оппозитсион ва ниҳодҳои байналмилалӣ мазоҳу масхара накунанд.

Аз инҷо аст ки мегуем Шаҳбози Аброр зишттар аз киссагӣ хоҳад буд ва маъракаи интихоботӣ ҳам дар пеш аст ва хоҳем дид, ки вай худашро таблиғу ташвиқ мекунад ва ё Рустами Эмомалиро?

Аммо мутмаинан ӯро барои Рустами Эмомалӣ оварданд ва дар ҳамон суҳбаташ худаш ҳам иқрор ва эътироф кардааст, ки дар доираи «сиёсатҳои ҷавонсозӣ» омадааст. Яъне тайёрӣ ба интихобот ва овардани Рустам шуруъ шуда истодааст ва дастандаркорон доранд иқдомот пиёда мекунанд.

Инҷо ҳадаф рушан аст. Ҳеҷ чизи хубу мусбатро мунтазир наметавон шуд. Рустам ҳам айни падараш аст. Аз ҳоло маълум шуда истодааст, ки барои «н…бат»-и мардум кор карда истодааст. Ягон касеро иҷозат намедиҳанд, ки ба унвони рақиби воқеӣ дар интихобот ширкат варзад ва агар чунин нафаре садо баланд кард бо саду як баҳона амсоли Фаромуз Иргашев зиндонӣ мекунанд ва афроди номаълуму номушаххасе мисли Шаҳбози Аброрро меоваранд, ки обсофкунак ё обтозакунаки интихоботи Рустами Эмомалӣ хоҳанд шуд.

Усмонзодаву садҳо амсоли вай қурбонӣ ва фидои чунин бозӣ бишаванду мешаванд, аммо бояд Раҳмонов кори худашро кунад.

Ин бор ҳам бо тазвиру риё мамлакат ишғол ва тасарруфшуд тасарруф ва ишғол мешавад. Кишвар   моли як гуруҳи ғосиб ва ишғол мешаваду гуруҳе дигар ба  почахорӣ ва маддоҳии ин гуруҳ касби маош мекунанд,  доми ризқ мечинанд. Ва ин гуруҳи ғосиб ва ишғолгар боз ҳам ба дуздиву ғорат ва талаву тороҷи манобеъ ва сарвати миллат машғул мешаванд.

Маълум нест, ки кай интихобот баргузор карда мешавад. Меистанд то анҷоми муҳлати ҳафтсолаи Раҳмонов ва ё пештар. Аммо аз ҳамин ҳоло барои Рустам саҳна ва манзара дуруст карда истодаанд. Дизайнерҳову ороишгарони саҳнасозӣ доранд. Ному насаби онҳоро намеоварем. Шарт нест, чун маълум аст ки онҳо киҳо ҳастанд.

Усмонзода сад сол мунтазири мавқеи президент монад ҳам чизе иваз намешавад ва Шаҳбози Аброр сад бори дигар гуяд, ки «киссагӣ» нест касе бовар намекунад.

Акнун ин  «гуруҳи ташаббускор» ва «шурои сиёсӣ» -и ҷадид, ки дар Анҷумани ғайринавбатӣ ташкил шуд, кам-кам дар нашароти давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳувайдо мешавад. То фардо нагуянд, ки ин Шаҳбози Аброр аз миёни замину осмон аз куҷо пайдо шуд ва барои Рустам як ҳарифе месозанд, ки гуё барои ҷомеа ошнову шинос ва як шаъсият аст. Хуллас як арусаки дастисохтро аз ҳоло доранд барои интихобот омода мекунанд.

Шаҳбози Аброр дар бюллетени интихоботӣ минҳайси рақиби Рустами Эмомалӣ навишта мешавад. Шаҳбози Аброр мисли бақия рақибони ҷаълӣ  200уандҳазор имзо ҷамъоварӣ мекунад, сади 5%-и интихобиро убур мекунад вале  вақти ҷамъбасту шумориши оро ҳамааш шуда1% ё 2% мегирад.

Аз ҳамин ҳоло нақша кашида истодаанд ки чи тавр дар дар чашми халқ ва ҷомеаи байналмилалӣ хок пошанд ва дар куни интихобот чуб зананд. Фикру хиёли инҳо ҳамин аст ки Рустамро чи гуна сари кор оваранд, фикру хиёли инҳо ин нест, ки тоҷики бечора дар Русия чи рузу рузгор дорад.

Бинобар навиштаи хабаргузории русии  Спутник Шаҳбози Аброр гуфтааст, ки  вай дар Ҳизби демократи Тоҷикистон сиёсати ҷавоникунониро пеш хоҳад гирифт ва бештар ба ҷавонон такя хоҳад кард.

“Мо дар амри ободиву рушд ва амнияти Тоҷикистон ҳамкори ҳукумат хоҳем буд”, — гуфт раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон.

Шаҳбози Аброр 13 июни соли 1990 дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон дар хонаводаи нависандаи маъруф Аброри Зоҳир (Имомов Аброр Зоҳирович ) ба дунё омада, таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи №60-и шаҳри Душанбе гирифтааст ва факултаи рӯзноманигории Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст.

Ин хабаргузори менависад, ки Шаҳбози Аброр яке аз корҳои барҷастааш гирифтани интервю аз Рустами Эмомалӣ аст ва ингор вай аз шиносҳои Рустам мебошад:

«Як замон дар рӯзномаи ҳукуматии “Ҷумҳурият” (2009-2016) рӯзноманигор буд ва аз корҳои барҷастааш мусоҳиба бо Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон буд. Ин танҳо мусоҳибаи Рустами Эмомалӣ ба расонаҳо аст.

Шаҳбози Зоҳир яъне писари Зоҳир  муассиси рӯзномаи “ИСТИҚЛОЛ”, маҷаллаи “Набзи Душанбе” ва сомонаи “Истиқлол” ба шумор меравад. Ҳамзамон мудири Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази дӯстӣ”-и ҳукумати шаҳри Душанбе аст.

Дар ҳар сурат мо гуфтему шумо шунидед, ки ҳам Саидҷаъфар Усмонзода, раиси акнун собиқ ва ҳам Шаҳбози Аброри раиси феълӣ ва ҳам худи ҳизби демократ ва агар руку рост бигуем ҳам тамоми халқи Тоҷикистон ба фано бираванд, Эмомалӣ Раҳмонов парво надорад, ҳама садқаи сари Рустам ва интихоботи вай аст ва Шаҳбоз рақиби интихоботии Рустам мешавад ва Рустам ҳам гуё ҳизби оппозитсиониро шикаст дода раиси ҷумҳурӣ хоҳад шуд.

Ps: Ва дар охир як нукта. Ин табаддулот ончунон сареъу фаврӣ ва таъҷилӣ иттифоқ афтод, ки масалан демократҳо аз Хатлону Раштону Хуҷанд бехабар монданд ва ҷойи вакилон дар Анҷуманро бо донишҷуҳои кадом донишгоҳ пур карданд.

Дастандаркорон мехоҳанд интихоботи Рустами Эмомалӣ ҳам ҳамин гуна барқосо, таъҷилӣ, бе гапу калоча ва зуд бигзарад. Ва, мардум як сабоҳ хезанд, ки дар ҷойи Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои муаззами миллат, ҷавони “ояндадор”у дуввумин фарзанди фарзонаи миллат руи курсӣ нишастааст.

Ҳангоми навиштани ин матлаб бо яке аз дӯстон суҳбат доштам чанд эҳтимолотеро дар ин қазия зикр намуд. Масалаи 50 ҳазор долларе бояд пардохт мешуд аз тарафи Сайидҷаъфар Усмонзода,ки он пардохт нашуда буд. Фишори Толибон ба ҳукумати Раҳмонов дар мавриди Усмонзода ва се нуктаи дигареро ҳам зикр намуд,ки бароям ғайри маъқул буданд зикрашон намекунам.

Дар охир ба ҷаноби Усмонзода пешниҳоде дорам,ки ба умеди СС.Ятимов ва Ҷамшеди қудояш набояд шавад ва истодагарии бештар намояд сарнавишти Маҳмадрӯзӣ Искандаров раиси зиндонии ҲДТ ӯро интизор аст. Чикор кунад бояд худаш тасмимашро бигирад!

Сообщение Шаҳбози Аброр, раиси ҲДТ ё рақиби кисагии Рустами Эмомалӣ появились сначала на ISLOH.net.