Архивы Санҷидзор - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №184
Аз дасти ин оилаи носерами гушна на тоҷирон рӯз доранд, на муҳоҷирон ва на ҳатто деҳқонҳо. Яке мабинӣ, ки фармон додааст, ки бояд ғалла фалон тонна истеҳсол карда шавад. Заминҳои пахтаву юнучқаву дигару дигарро чапа карда мардум ба кишти гандум ё ҷав водор карда мешавад ва ё мегуяд, ки картошка фалон тонна бояд истеҳсол шавад. Мебинӣ, ки заминҳои кишти дигарро чапа кардаву дар ҷойҳое, ки тамоман коридани картошка мумкин нест, ҳосил намедиҳад, картошка мекоранд.

Дар мавриди маҳсулоти стратегии кишоварзии мамлакат-пахта ҳам айнан чунин ҳолат аст. Як сиёсати ғалату хато, балки ҷиноят дар ин арса содир шуда истодааст.

Солҳои пеш Тоҷикистон то 1000.000 тонна пахта руёнида буд. Ҳозир ин рақам то ду баробар кам шудааст. Мисли алюминий, ки ин оила дуздид, дуздид ва оқибат заводи бузурги алюминийро аз кор бекор кард.

Ҳозир соҳаи пахтакорӣ пурра набошад ҳам беш аз 90 дар 100 ба дасти Оилаи Раҳмонов аст. Барои ҳамин нархи хариди он аз деҳқон бениҳоят паст аст. Азбаски нархи он дар дасти ин Оила  ва паст аст, деҳқонҳо аз кишту кори он дилсард шудаанд. Инро муаллифи ин матлаб ҳам навиштааст, аммо ҷуръат накардааст,ки иллати асосиашро бигуяд:

Бохтар

Ассалому алайкум бародар Муҳамадиқбол! Ман дар сайти нашрияи СССР як мақолаеро бо номи «Пахтаи тоҷик қадр дорад» аз 09.10.2024 хонда ба муаллифи он Хушвақт Хошоков аз ноҳияи Дустӣ ташаккур гуфтам. Барои чӣ? Барои онки ба ин савол посух бигиред, инҷо худи ҳамон мақоларо ба шакли пуррааш пешниҳоди ҳамагон менамоям ва сипас фикрҳоямро мегуям:

«Дар ҳақиқат пахта дар давлати мо қиматашро гум кардааст. Дар ин бора 2 сол боз тавассути газетаи СССР мегӯему менависем, вале масъулони соҳа чаро посух намедиҳанд?

Тобистони имсола ҳарорати гармӣ аз 55 дараҷа гузашт. Табиист, ки ҳосили пахтаро гармсел дар ин давра нобуд кард. Ин ҳам бошад офати табиист. Давлат инро ба деҳқон ҷуброн мекунад ё не? Агар имкони ҷуброн набошад, ақаллан нархи пахтаро то дараҷаи соли 2022 боло бардоштан мумкин аст-ку? Соли 2022 мани муалифи ин сатрҳо 1 килограм пахтаамро 13 сомонӣ фурӯхтам, дар соли 2023 бошад 1 кг ба 5 сомонӣ баробар шуд. Ва ин дар сурате, ки нархи хароҷоти парвариши пахта ҳамон хел бе тағйир монд.

Сабабаш дар чист? Кӣ инро ба деҳқон мефаҳмонанд. О, пахта боигарии давлат буд ку! Имрӯз боигарии кист? Инро кӣ шарҳ медиҳад?

Савдогаре, ки пахтаро аз деҳкон бо нархи 5 сомонӣ мехарад фақат кунҷораашро 5 сомонӣ мефурӯшад. Нархаш, равғанаш, пасмондаи чигит (шелуха)-и инҳо куҷо шуданд? Ягон кас аз он муҳтарам соҳибкорон дар ин бобат мепурсида бошад? Умуман нархи харду фурӯши пахтаро кӣ танзим мекунад, ақаллан хаминашро мефаҳмидем.

Ягона соҳае, ки даромаднок буд, ин пахтакорӣ буд, аммо ин ҳам бошад бо ин нарху наво зараровар шуд. Акнун деҳқон заминро чи кор мекунад? Вазорати кишоварзӣ ва иқтисоддонҳо дар ин бора ягон чиз мегуфта бошанд? Манфиати деҳқонро кӣ ҳимоя мекунад?

Чи хеле, ки халқ мегӯяд: «Аҳволи мусибатзадаро мусибатзада медонад». Соҳибкороне, ки масъалаи хариду фурӯши пахтаро то ба ин ҳад поин овардаанд, дарк намекунанд, ки деҳқон дар чӣ аҳвол аст? Канӣ бародарию баробарӣ?

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман сокини Қурғонтеппа ҳастам. Солҳост, ки ба пахтакорӣ машғулам. Дар ҳақиқат ҳозир нархи хариди пахта бениҳоят паст аст. Мо, албатта, панҷ сомонӣ неву 7-то 8 сомонӣ мефурӯшем, вале ҳамин нарх ҳам бисёр ночиз аст. Чунки барои руёнидани ҳосил хароҷот зиёд аст.

Инҷо чи гуфтаниам. Ҳозир нархи хариди пахта дар Узбекистон аз деҳқонҳо баробари 20-25 сомонии худамон аст.

Муаллифи ин мақола гапҳои дуруст навиштааст. Аммо  чизи асосиро нагуфтааст. Пахтаро Ҳасан Асадуллозода ва бародаронаш дар Қурғонтеппаву Кулоб монополия кардаанд. Онҳо чи нархе гузоранд, тамом. Солҳои пеш мо ба Восеъ ба як бизнесмен буд бо номи Самариддин мебурдем, бо нархи баланд мехарид, ҳамчунин Орҷоникидзеобод-Ваҳдат мебурдем. Аммо ҳоло фақат харидор Ҳасан ва одамони вай аст. Барои ҳамин нархи паст мондагианд.

Дар ин мақола сурати вазири кишоварзиро ҳам чоп кардаанд. Охир ин Қурбон Ҳакимзодаи вазири кишоварзӣ чанд сол дар вилояти Хатлони мо раис буд. Аммо аз дасти вай ягон бало ҳам намеояд. Ҳатто дар назди ҳоҷи Амиру ҳоҷӣ Раҳматулло мисли барги бед меларзид.

Дар Хатлон ҳама чиз дар дасти Ҳасану авлодаш ва Зоиру авлодаш аст.

Ман намедонам, ки чашму дили инҳо кай сер мешуда бошад?

Мастчоҳ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Номае дорам аз ноҳияи Мастчоҳ

Бори дуюм аст ки ба «Ислоҳ» менависам. Ман сокини ноҳияи Мастчоҳ мебошам ва ин бор дар бораи яке аз мушкилоти муҳими ноҳия гап мезанам. Дар ноҳияи Мастчоҳ мутаассифона барқ тақрибан нест. Дар 24 соат 6 соат барқ дорему тамом. Вақте ки барқ хомӯш мешавад телефонҳо умуман кор намекунад, интернет ку умуман нест. Дар ноҳияи мо дар як ҳафта ду сӯхтор ба амал омад. Барқ набуд, оғилҳои мардум ҳама сӯхту нобуд шуд. Телефон кор намекард, ки МЧСро занг занем. Ҳатто аз бесветӣ об набуд, ки сухторро худамон хомӯш кунем. Воқеан ҳам ин хеле рӯзи сахт аст.

Ноҳияи Мастчоҳ имсол нақшаи даъватро барзиёд иҷро кард. Аммо падарҳои онҳоеро, ки дар Русия ҳастанд бурда маҳкам карда аз онҳо пул мегиранд ва ин ҳолат тамоми сол идома дорад ва ҷавонони мо аз тарси хизмат ба ватан омада наметавонанд ва ҳар рӯз як ҷавони мастчоҳиро аз Русия депорт карда равон мекунанд ва ӯро аз фурудгоҳ рост ба хизмат мебаранд. Чандин нафарҳоро медонам, ки аз хизмат маъюб шуда омадаанд ва мутаассифона чандин нафари дигарро медонам, ки мурдааш омад ва шарт нест, ки номҳои онҳоро бигирам. Мо мардуми точик то кай сабр кунем. Косаи сабр он тараф истад, деги сабрам пур шуд. Ман умедворам, ки мардуми шарифи Мастчоҳ даст ба дасти якдигар дода коре анҷом диҳем.

Умедворам дар ноҳияи Мастчоҳ дигарҳо низ маълумотҳои нисбатан муҳимро ба «Ислоҳ» мефиристанд.

Кулоб

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман сокини Кулобам. Дар вақти солҳои 92 дар Фронти халқӣ будам ва азоби мардуми тоҷикро медидам, барои ҳамин дигар намехоҳам ҷангро.

Дар Кӯлоб мисли дигар минтақаҳо мардум рӯз надорад: бесветӣ, бекорӣ, налоги баланд, зулми милисаҳо, суду прокурор, ҷамоат, ҳукуматиҳо. Ман ба мардуми тоҷик гуфтаниам, ки фикр накунед мо кӯлобиҳо дар роҳату осонӣ зиндагӣ мекунем,не хато мекунед. Мо бо мардуми Тоҷикистон дар як қаиқ ҳастем. Ба Эмомтапак гуфтаниям, ки худат ҳамон сиёмкаи авваллин бор ба Кӯлоб омадагиатро бин, ки чи хел будӣ, ҳозир чи?

Ин гуфтаи худат аст. Чи хеле ба кормандони дузду порахури мақомотат гуфта будӣ!

Ту ақаллан ба фарзандони бародарони Фронти халқӣ, ки ту то ҳозир катагӣ бо фарзандонат, бо аҳлу авлодат Тоҷикистонро ғорат дорӣ, нафақа медодӣ дар ҳар як ҷашни ид ба оилаҳои онҳо ёрдам мекарӣ, накардӣ. Аммо ин хуб шуд. Чунки ту худатро нишон додӣ. Акнун мо кӯлобиҳо фаҳмидем, ки ту нокас будаӣ, мунофиқ будаӣ.

Ба мардуми Кулоб  гуфтаниям сукут накунед, хезед ин нокаси шайтонро аз болои ин мардуми ҷабрдида яктарафа созем.

Ман мефаҳмам. Ба мардуми Кулоб мегуянд, ки мухолифонро гӯш накунед, вайҳо душман ҳастанд. Не бародарҳо. Мо онҳоро гуш ҳам накунем ин гуфтаҳои онҳоро бо ду чашми сар дида истодаем, зулми ҳукумати ин касифро ку. Ин касиф фикр дорад мардуми Кулобро мурғ кардааст. Не бародарҳо. Дар Кулоби мо шерон бисёранд. Ту қумандонҳоро куштӣ, зиндонӣ кардӣ, аммо мардуми Кулобро наметавонӣ тарсондан. Мардум медонад, ки шикаста бошем ҳам лекин нарехтаем.

Эй, ҳукуматиҳо, фаҳмида бошед! Мо кӯлобиҳо дар бари мардуми Тоҷикистон ҳастем ва мемонем. Мо бояд дигар фиреб нахурам. Ин Эмомтапакро бовар надорем.

Конибодом

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Нома аз ноҳияи Конибодом, ҷамоати Лоҳутӣ ба Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон. Ин нома аз номи истиқоматкундагони деҳаи Лоҳутӣ, Ҷаҳонзеб ва Санҷидзор мебошад. Мо ба шумо сарвари давлат ва падари миллат дарди дили ин халқи мазлуми бечораро расонданием.

Дарди дили ин халқи мазлуми бечораро ҳеҷ ки намепурсад:- на раиси ҷамоат гуш мекунад, на раиси ноҳия Тухтасун Абдусаломзода. Ин чи бедодгарӣ аст? Халқи   бечора чи хел зиндагӣ кунад? Об нест, ки бе об зиндагӣ кардан мушкил.

Чизи дигар ин аст ки ин кормандони мақомот аз чашми вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода дур, дар ин ҷамоати мо чи корҳои номаъқулӣ ба болои халқи бечора раво дида истодаанд. Чи кор кунем? Дардамонро кӣ гуш мекунад? Мо маҷбурем ба воситаи «Ислоҳ. нет» дарди дили худро ба шумо сарвари давлат расонем. Муҳтарам Ҷаноби Олӣ шумо аз халқ хафа нашавед, ки бо «Ислоҳ.нет» алоқа мекунад. Халқ аз маҷбурӣ менависад дардашро, шумо як бор гуш кунед, фаҳмед, як бор тафтиш кунед.

Шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Конибодом чанд нафар милисаҳои ғайриқонунӣ дорад. Дар куҷои қонун навишта шудааст, ки либоси милисаро ғайриқонунӣ бипушиву даст ба қаллобӣ занӣ?Дар ноҳияи мо хато намешавад гуям, ки 80% милисаҳо дузд ва барои кисаи сардори милиса кор мекунанд. Ин милисаҳо дар ягон ҷо хондагӣ не. Ақалан хизмат кардагӣ не. Танҳо корашон дуздию ғоратгарӣ бо либоси низомӣ. Ҳатто аз хонаҳои мардум медузданд. Ин милисаҳои ҷамоати Лоҳутӣ бо дуздон ҳамкории зич доранд. Инҳо рӯзона ҳама ҷоро давр мезананд. Молҳои дар саҳро бударо шабона мекушанд. Вақте соҳиби мол шикоят кард, барои ёфтани мол пул мегирад. Баъди чанд вақт аз куҷое,ки худашон молро куштагӣ ва гушташро фурӯхтабуданд пусташро гӯиё пайдо карда акт мекунад, тамом. Акнун худатон хулоса намоед,ки кормандони ВКД худашон молро медузданд мекушанд гушташро мефурӯшанд. Барои кофтани он моли гумшуда боз аз соҳиби он мол пул мегиранд,ки он молро мо мекобем. Тасаввур кунед як молро дубор мефурӯшанд. Ҳам ба қасобҳо ва ҳам ба соҳиби мол. Соф соҳиби мол аз нони даҳони кудаконаш маҳрум мешавад.

Муҳтарам Сарвари давлат, Пешвои муаззами милат Эмомалӣ Раҳмон! Ин нома барои шумо буд.Аз ман хафа нашавед, ки ба «Ислоҳ» навиштам. Чунки ин номаи маро газетаҳои шумо чоп намекунанд.

Ҷиргатол

Ассалому алайкум Муҳаммадиқболи Садриддин

Нома аз ноҳияи Ҷиргатол. Ман бист сол шуд дар Қирғизистон зиндагӣ дорам. Ман мохи сентябри соли ҷорӣ тавассути Узбекистон ба Тоҷикистон рафтам- хешу таборҳоро хабаргирӣ. Сарҳад расидаму кино сар шуд. Дар таможенный даҳ ҳазор соми қирғизиамро гирифтанд. Ҷиргатол расидам. Пагоҳаш се милитсия хабар ёфта омада отдел бурда боз даҳ ҳазор сомамро барои временний учет гуфта гирифтанд. Аммо аламовараш ин ки куча баромадан ва хонаи хеши табор рафтан намешавад. Хешу таборам аз меҳмонӣ омаданӣ ман метарсанд.

Дар Ватан ҳама буз, ҳама чоплус ва ҳама тарсончак шудаанд. Ба масҷид рафтан метарсанд. Дар қишлоқ ягон мошини бегона дарояд ҳама метарсанду баҷо мешаванд. Ватан-зодгоҳи ман ҷамоати Янгишаҳри Ҷиргатол аст. Мардум ба бозор рафтан метарсанд. Бозор дар дасти як нафаре бо номи  Сайнеъмон Абдусаломов будааст. Нархҳои бозор бисёр ҳам гарон аст. Дар бари ин бозор бозори Шоҳ-командир ҳаст. Мардум ба бозори Шоҳкомандир раванд аз Сайнеъмон метарсанд. Бузи Сайнеъмон Раҳмиддин Қосимов. Раҳмиддин Қосимов даҳ сол мешавад, ки раиси ҷамоати Янгишаҳр аст.

Сайнеъмон вес заминҳои қирғизҳоро заминфурушӣ мумкин нест гуфта кашида мегирифтааст. Бовар кунед қирғизи тоҷикистон хонаашро партофта кучида истодааст. Миллати ман қирғиз аст. Хоҳиш мекунам, ки ин номаи маро зудтар чоп кунед, то ба гуши мақомоти болоӣ бирасад. Дар ин ҳолу аҳволе, ки қирғизҳо дар инҷо доранд, ягон бало сар мезанад.

Бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз соли 2019 ҳама барномаҳои туро тамошо мекунам. Ҳамаи навиштаҳоятон дуруст аст.

Ман бисёр навиштанӣ ҳастам. Аммо дигарҳо фикр мекунанд қирғизҳо байни тоҷикҳо шур медозанд. Вале ин тавр нест. Дилам ҳам ба ҳаммиллатонам ва ҳам ба тоҷикҳои ҳамватанам месузад. Чунки инҳо сахт дар азоб ҳастанд.

Мо дар Қирғизистон озод ҳастем. Дар Ҷиргатол мардумро ба ғулому канизак табдил додаанд. Мардум бояд худашон худашонро наҷот диҳанд.

Турсунзода

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ман дар бораи шахсе гап мезанам, ки ҳам қаллоб асту ҳам қотил ва ба ҳама корҳои пасттарин даст дорад. Номи ин шахс Тоҳиров Убайдулло мебошад.

Вай солҳои пеш, замони шуравӣ карате тамрин мекард. Падараш муаллим буд. Мегуфтанд, ки муаллим Тоҳир шахсе оромтабиат ва инсони хуб буд. Аллоҳ раҳмату мағфираташ кунад. Ин муаллим Тоҳиров серфарзанд буд. Аммо чи хеле ки фарзандҳояш мисли худаш набаромаданд. Дар бораи ҳамаи онҳо гап занем гап бисёр мешавад. Ман дар бораи яке аз ҷинояткоронашон гап мезанам. Яъне Тоҳиров Убайдулло. Ин шахс мошенник аст.

Солҳои ҷанг, соли 1992 ба мардуми ҳамсояқишлоқ ғармитаборҳо даромада гуруҳ-гуруҳ мардони онҳоро ба адир бурда ба қатл мерасонад, бо камаз зинда-зинда бурда чапа мекунад. Он солҳо мо хурд будем. Худаш мегуфт,ки бо табар ғармиҳоро зада реза карда мекуштам гуфта мефахрид ва боз рафта зану духтаронашонро таҷовуз мекрадам. Гуё кори хуб крада бошад. Дар ҳамсоягии худаш як ғармӣ буд, ҳамсояи наздик. Ӯро чандин бор фиреб карда куштанӣ буд. Дар ниҳоят яке аз рӯзҳо бо фиреб аз хонааш бароварда бо чи ваъдае ба куҷое бурда билохира ӯро ба  қатл расонд.

Ҷои куштагиашро худаш медонад. Чанд сол пеш писари ҳамон ҳамсоя Убайдуллоро мегуяд, ки « Ака падари мана ҳавай вақт дар хона шумо бурда будед ку, бади вай падарам наомад, чокадед гуҷо шуд падарам, бо шумо рафта буд?. Убайдулло дар аввал намедонам гуфта ба кала намегирифт. Аммо оқибати кор ба кала гирифта ҷояшро гуфт- ҷои қатлу қабрашро. Лекин гуфт, ки «ман падари туя накуштам, дигарҳо куштанд. Ман хело зора кардам, ки накушанд, аммо манро гуш накарданд». Писари ҳамсоя Эшонов Зафар ном дорад. Убайдулло падари ҳамин Эшонов Зафарро ба қатл расонд.

Эй, бо фикр накунед, ки ин мактубро Эшонов Зафар навишта аст. Зафар ин дилу гурдаро  аслан надорад. Лекин ба мисли ҷабрдида пурсуҷу кунед дар бораи падараш баъд мефаҳмед, ки ин гаҳо дуруғ ё ки рост. Аммо ба мисли Шукрулло участковий пулро гирифта делоро нест накунед, зери назорат ҳастед, мебинем. Мо ин гуруҳи калони тоҷиккушонро меёбем, ё ки не вақт нишон медиҳад.

Раҳмонов ту пешвои муаззами миллат ку, ғамхори миллат ку! Канӣ исбот кун пешвогиатро.
Ин Убайдулло зиди давлати Тоҷикистон ҷанг кардааст. Бо гуруҳи Ибод Бойматов ва Маҳмуд Худойбердиев  ва яке аз боевикҳои онҳо буд. Агар пушти ин моҷароҳоро кобӣ як историяи калон хобида аст.

Соле, ки Маҳмуд Худойбердӣ аз Душанбе Регар омадагӣ буд 97 ё 98 буд. Ин Убайдулло дар даст автомат дар байни одамони Маҳмуд буд. Ҳамроҳи вай Хушбахт Назаров буд. Чунон лашкари калон буд, ки 4 соат гузаштанд бо техникаву пиёдагард. Хато накунам аз 5 ҳазор зиёд пиёдагард буданд. Аз маҳаллаи мо, яъне Зарнисор бо Мҳҳмуд Худойбердӣ зиёд буданд. Ман дутоашро дидам-Тоҳиров Убайдулло ва Назаров Хушбахт. Назаров Хушбахт ҳам ба мисли Убайдулло дар қатлу куштори бисёр тоҷикҳо даст дорад. Тоҳиров Убайдулло ду сол шуд, ки ҳаҷи умра кард. Дар шаҳри Митишии Маскави Русия бо писарҳояш чи тиҷорате дорад. Корҳояш хуб аст. Даромади хуб дорад. Дар бораи мошенникиаш гап занем хеле зиёд аст. Ин пеш ду писар дошт. Писари калониаш, вақте хурдсол буд, ҳангоми оббозӣ ғарқ ва ҳалок мешавад. Ҳамон вақт хуб дар ёд надорам, бачаҳое, ки бо писари ғарқшудаи ин буданд, он бачаҳоро хело ғам дода буд: «бачема куштетон гуфта».Милисабозиҳо карда пули зиёди падару модари онҳоро гирифт, туҳмат кард. Беҳад ҳаромхури беинсоф, ҳақимардумхур аст.

Бародар чи гуфтанӣ ҳастам? Рости гап ин гуна шахсон дар ҷамъияти мо бисёранд, ки дар қатлу куштору таҷовузу ғорат дар ҳамон солҳои ҷаг даст доштанду ҳозир калонсол шудаанд. Онҳо дар байни худ як гапҳо мегуянд, ки дар ҳайрат мезанӣ. Сиру асрори инҳоро кобиву ёбӣ амният ҳайрон мешавад.

Ҳаминро фаҳмидам, ки шахсе, ки бо тиҷорати ҳалол кор кунад, тез ин гуна пулдору бодавлат намешавад. Аз даҳони чандин инсонҳо фаҳмидам, ки инҳо дар Тоҷикистон бо доруву алафҳои маводи мухадир даст доранд. Ва ҳамин маводҳоро ба Маскав ҳам мебаранд ва онҷо савдо мекунанд.

Чи хеле, ки шумо дар барномаи №130-и «Номаҳо..» гуфтед Зоҳидов Хушназар бачаи калони амаки Хушича ин Убайдулло Тоҳирову Назаров Хушбахт ва Зоҳидов Хушназар 3 каса алаф дуд мекарданд ва боз чизи дигар монанд ба сақичи сиёҳро майда карда  бо сигарет омехта карда мекашиданд ва баъд  ранги ҷиннӣ мешуданд. Хушназар дар ин корҳо таҷрибаи бой дорад.

Давлати дунгур ту гузарондӣ! Чаро масъалаи Хушназарро надидӣ? Ту хушру мешиносӣ ин Хушназарро.

Хуб оянда номаҳои дигарро ҳам аз мо интизор бош! Мо акнун ҷой гуфтани ҳақиқатҳоро пайдо намудем ва аз он истифодаи хуб мекунем.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №184 появились сначала на ISLOH.net.

Пушти кушторҳо, тавтиъаҳо дар Конибодом кӣ меистад?
Шаби 27 майи соли ҷорӣ дар Конибодом боз як фоҷиаи мудҳиш ба амал омад. Аъзои як хонавода, бо шумули як духтари 13 сола аз ҷониби афроди номаълум ба қатл расонида шуд. Аммо ин фоҷеаи ваҳшатнок ҳолат ва мавриди ягона нест, ки дар ин гушаи ороми Тоҷикистон руй медиҳад.

Қатлҳои ваҳшатноки занҷираӣ дар деҳоти Конибодом сокинони ин ноҳияро ба ваҳшату изтироб овардааст. Бинобар хабарҳои расида ин чаҳорумин мавриди куштори аъзои хонаводаҳо аст ки тайи моҳҳои март ва май ба вуқуъ пайвастааст. Мо аз сухторҳое ҷони беш аз 17 нафар сокини Конибодомро гирифтааст чизе намегуем.

Тибқи маълумотҳои ба дасти мо расида дар Конибодом як гуруҳе пайдо шудааст, ки шабонгоҳ ба хонаҳои сокиноне медарояд, ки марди он манзил дар муҳоҷират қарор дорад. Ин гуруҳ ба хонаҳои муҳоҷирҳо даромада зану духтару кудакони онҳоро таҷовуз карда сипас ба қатл мерасонанд. Ин ҳаводис се моҳ мешавад, ки такрор мешавад, аммо то ҳол мақомот ягон касро дастгир накардааст.

Ин куштору ин қатлҳо бо чи ангеза ва аҳдоф сурат мегирад, кадом қувваи вайронгару харобкоре ҳаст ва он кӣ буда метавонад ва чаро маҳз Конибодомро ба нишон гирифтааст, мо феълан чизе гуфта наметавонем. Аммо, агар шумо хонандаи доимии мо ва махсусан барномаи “Номаҳо аз ноҳияҳо” бошед, медонед, ки дар бораи кушторҳои ахир дар деҳоти Конибодом мардум навишта буданд. Ростӣ, мо худ, агарчи мунташир кардаем, ба ин иттиҳом, ки дар паси ин кушторҳо худи режим ва маъмурини вай даст доранд, бовар накарда будем. Ва, ҳоло аз навиштаҳои қаблии сокинони Конибодом дар барномаҳои “Номаҳо…чанд иқтибос меоварем ва ин иқтибосҳо ба ҳадди лозимӣ манзараи воқеъиро равшан ва ошкор мекунанд ва мо сипас ба идомаи масъала мепардозем:

«….30 март дар маркази ноҳия як оиларо дар вақти бебарқӣ куштанд-як муйсафедро бо якчанд набераҳояш. Аммо мақомоти бачаҳакои боло мегуянд, ки гӯё муйсафед набераҳояшро кушта бошаду баъд худашро  овехта бошад. Мо мардум ягон шаке надорем, ки ин кори бодовардаҳо мебошад….»

«….. Баъд аз нашри номаҳои охирин дар мавриди кушта шудани як хонавода, ки аз муйсафед ва келину набераҳояш иборат буд, боз дигар хонаводаро, ки аз шавҳар ва зан иборат буд куштанд. Киллерҳо аз болои боми туалет рӯзи рушан  ба хона даромада аввал шавҳарашро шиканҷа карданд. Вақте диданд зан ин ҳолро мебинад ӯро бо набераҳояш ҳам ба шаҳодат мерасонанд»….

«…..Мақомоти одамкуши Раҳмонов талқин дорад, ки ин корро одамкушҳо барои пул карданд. Аммо мардуми Конибодоми  бадбахтшуда ақлашро нахӯрдааст ва мефаҳмад, ки ин дурӯғи маҳз аст, Ва ин кор барои давом додани қудрати сулолаи гадоҳо ба монанди Раҳмонов аст….»

«…..Ҳоло бошад севвумин куштор шаби 21 апрел сурат гирифт. Ин бор як хонаводаи калонро куштанд. Ин оила аз зан, падар, келин, ҷиянҳо ва ҷавони 22 сола иборат буданд. Инҳоро шабона бо корд ва дигар асбобҳо ба шаҳодат расонданд .»

«….Дар ин моҳи апрел 3 хонаводаи калонро бо ҳар гуна баҳонаҳо куштанд. Ман мехоҳам шахсан шумо дар ин масъала муроҷиате дошта бошед ба шахсони  баландрутба. Чунки мо мардуми Конибодом фардо ё пас фардо намехоҳем кушта шавем….»

« …..Ҳоло бошад ба маркази Конибодом ҷӯраҳои Сорбони килер омадаанд, ки қаду басташон 2 метр аст, ба фикрам снайперистанд. Ба ҳар ҳол вазъияти марз хеле  гиряовар аст. Исфара ва Конибодом амн нестанд….»

«…..Дар яке аз номаҳои қаблӣ шумо рост гуфтед, ки дар ноҳияи мо 3 хонаводаро ба қатл расонданд. Албатта қотилон дар озодианд ва касе ба онҳо чизе гуфта наметавонад, ғайр аз расонаи фурухтанашудаи Ислоҳ. 3 маврид ҳодисаи дигари кушторҳоро намедонам бар души кӣ мепартофта бошанд. Мо мардум тупой нестем ва мефаҳмем, ки ин кушторҳо аз тарафи мақомот анҷом дода шудааст, то ки мардумро тарс диҳанд ва баъдан аз ин сабаб ё баҳона телефонҳоро тафтиш кунанд ….».

«…Ҳоло милисаҳои Лоҳутиро бо сменаҳо мебиёранд. Хеле мубодила мекунанд, аммо бояд акои Буратино огоҳ бошад, ки чихел кормандони вай хиёнат ба мардум ва ба касбу погонҳои худ мекунад. Онҳо дар ҳар куҷо, аз ҷумла дар чойхонаҳо ба вай тариқи бузҳояш хабар мекашанд. Ҳатто бузҳои мақомоти Раҳмонов безоранд аз инҳо .»

« …Яъне шумо ҳоли бади моро фаҳмидед, ки рузона ба хонаҳо бо баҳонаи облава мераванд ва дарро тақ- тақ мекунанд. Аммо вақте шаб мешавад, бе ягон предупреждение ниндзяҳо медароянд ба манзилҳои истиқоматии бе соҳиб….»

«……Аз соатҳои 00:30 – 1:30 то соатҳои 3:45 – 3:40 шаб инҳо фаъолияти ғоратгаронаи худро пеш мебаранд, албатта бовар дорем, ки ин корҳоро бо дастури Буратино, Қурбонови қурбаққа ва бачаҳакои КГБ и ноҳияи Конибодом иҷро мекунанд.

«….Ва ҳоло бошад ба Конибодом сари ҳар деҳа 50 –тоӣ милисаро аз худи Душанбе оварданд ва инҳо телефонҳои тамоми мардумро тафтиш карда истодаанд. Мақомот ҳам кушторро содир карданд ва ҳам онро тафтиш ва гузориш карда истодаанд. Хеле тааҷҷубовар.Ба фикрам, агар Оила хоста бошад, гуфти гапо сайёраро мақомот барои онҳо меоранд.»

«… Ҳоло дар Конибодом рейдҳои сахт рафта истодааст. Мисле, ки комендантский час эълон шудаст ва аз ҳамин сабаб амниятиҳои газанда куча ба куча шабҳои торики бесвет мегарданд. Мо мардум ба дод омадем аз дасти инҳо. Ҳоло инҳо тамоми бузҳояшонро активация кардаанд….»

«….Ягона хоҳише, ки мо мардум дорем ин аст ки дигар мо- мардуми Конибодомро ҳеҷ кас шабона накушад, ба хонаҳоямон надароянд, барқамонро хомуш накунанд ва моро Қофлонбой-раиси вилоят ва Тухтасуноғлу –раиси шаҳр бо насос таъмин кунанд, тамом.»

«Мо на ниёзи оппозитсияро дорем на ниёзи С.С  ва Р.Р. ва на Юсуф Раҳмон, на вазири мудофиъа ва на ба ном зиёии Абдулло Раҳнамои гаремшикро. Мо мардум оҳи ҷонкоҳ дорем аз инҳо….»

«…..Бо истифода аз фурсат ба мардуми Конибодом мехоҳам як маслиҳат дода бигуям, то дар оянда аз ҷониби Раҳмонов кушта нашаванд. Агар хешу табор дар Русия дошта бошед, эҳтиёт кунед ва дарҳои хонаҳоятонро русту маҳкам нигоҳ доред, то ки аз ҷониби инҳо кушта нашавед. Агар деворҳои паст ё хоҷатхонаҳои паст дошта бошед, эҳтиёт кунед. Шабҳои торик оинаҳою тирезаҳои худро маҳкам ва нобино нигоҳ доред, чунки ҳоло амнияти Раҳмонови раққоса махсус агентҳоро куча ба куча равон карда аст. Бовар кунед аз кӯчаҳои шумо на кам аз 4-6 буз хоҳанд баромад. Дар охир бори дигар мегӯям, ки Худо манро кӯр кунад, агар дуруғ гуфта бошам…»

Ва,албатта,аз ин иқтибосҳо аз номаҳои фиристодаи мардуми Конибодом фаҳмидед, ки дар воқеъ дар инҷо куштору қатлҳои амдӣ ва нақшаӣ анҷом шудааст. Имкон надорад, ки қатлҳои занҷираии оилаҳои конибодомӣ тасодуфӣ бошад.

Ҳодисаи ахир шаби 27 май дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи пешинаи Ҷигдалик, ҳозира Санҷидзор руй додааст. Саробони ин хонавода, Баҳодур Файзуллоевич рузи 28 май аз шаҳри Сургути Русия ба Тоҷикистон омад. Вай фарзанд дорад. Як духтари 16 сола ва як писари 13 сола. Ҳарду фарзанди Баҳодур ва ҳамчунин зани Баҳодурро куштаанд. Осори таҳқир ва таҷовуз дар бадани духтари ноболиғ дида мешавад. Ин духтари ноболиғ бо дастонаш зур зада хостааст наҷот ёбад, ки аз ранги хуни нохунҳояш ҳувайдост, аммо уро куштаанд. Ҳангоме милисаҳо меоянду аз ҳамсояҳо мепурсанд,ки Баҳодур чанд фарзанд дошт, онҳо ҷавоб медиҳанд, ки се то. Милисаҳо кофта-кофта хонаҳои болотар аз хонаи Баҳодур мераванд,то фарзанди сеюмро пайдо кунанд. Аммо дар хонаи болотар боз дучори чунин қатл мешаванд. Дар ин хона низ зану шавҳар ва келини хонаводаро куштаанду се кудакро, ки сесола, панҷсола ва хурдиаш 8 моҳа буд ба утоқи дигар бурда маҳкам кардаанд, ин кудаконро накуштаанд.

Аммо ин оилаи дуюми кушташуда қирғизтабор аст. Манобеи мо мегуянд, ки милисаҳо ба мардум гуфта истодаанд, ки ин кори қирғизҳо аст.

Дар асл бошад ин деҳа дар ҳудуди Тоҷикистон қарор дорад, аммо пешвақтҳо инҷо қирғизҳо зиндагӣ мекарданд. Ҳозир бошад 80% тоҷикҳои деҳаи Қарақчиқум аз ҳамин қишлоқ, аз қирғизҳо хонаҳоро харида зиндагонӣ мекунанд. Қирғизҳо бошад 20% ва шояд камтар бошанд.

Манбаи мо мегуяд: «фикр мекунам,ки ин кори амниятиҳост, чунки худи шаҳри Конибодом бо қирғизҳо ё ки маҳаллаҳои қирғиз нишин, ягон наздикӣ надорад»

Ҳодисаи якум, ки аз вуқуи он тақрибан се моҳ мегузарад, дар наздикии шаҳри Конибодом руй дода буд.

Ҳодисаи дуввум бошад, дар қишлоқи Кучкак ба амал омада буд, ки онҷо ҳам бо маҳаллаҳои қирғизнишин наздикӣ надорад. Дар қишлоқи Кучкак 95%узбекҳо зиндагӣ мекунанд.

Аммо ҳодисаи ахир, ки дар Санҷидзор рух дод дар фосилаи 150-200метр болои канал аллакай Қирғизистон аст вале аввалин маҳаллаҳои зисташон 15 километр дур аз инҷо сар мешавад.

Мақомоти мо, ба фикрам фаҳмиданд,ки мардум ба наздикӣ қиём мекунад, онҳоро ба тарафи қирғизҳо «настроит» карда ҷангро бар зидди қирғизҳо сар мекунад. Ё дигар чи гапе ҳаст, чунки дар ҳамаи ҳодисаҳо ягон ашё ё пулу тилловориро нагирифтаанд.

Бинобар маълумотҳои дарёфтӣ ҳоло маълум шудааст, ки ин ҳама кори офитсерони баландрутбаи Қушунҳои сарҳадӣ, ки дар наздикии деҳа қисми ҳарбӣ доранд, будааст. Ин корҳоро афсарон кардаанд, на аскарон.

Дар асл дар шаби 27-и май ду оиларо дар як куча кушта будаанд. Яке аз ин оилаҳо кудаки 8моҳа ва ду фарзанди се ва панҷсола доштааст. Онҳоро накуштаанду ба утоқи дигар гузаронида аз болояшон маҳкам карда рафтаанд. Милисаҳо гуфтаанд, ки ин кори офитсерҳои ҳамин қисми ҳарбӣ будааст. Аз зери нохуни зан ва духтари Баҳодур ДНК-и офитсерҳо баромадааст. Офитсерҳо рӯзи 31 май аз тарафи кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд боздошт шудаанд. Аммо аз ин бештар тафсилоти дигар дар даст нест.

Ин манбаъи гуфт, ки дар охир мехоҳад ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва хусусан ба деҳаи Қарақчиқум ва Лоҳутӣ муроҷиат карда бигуяд, ки мову шумо бояд иқрор шавем, ки ин ҳодисаҳо ба сари мо ба осониву зудӣ наомадааст. Масалан 10 сол пеш ин режими хиёнатпешаи Эмомалӣ Раҳмонов мардумро ба ба баҳонаи салафия иттиҳом зада ҳазорҳо нафарро зиндон кард. Ҳама хап будему хап мондем. Ҳатто медонистем, ки шахсони салафӣ набударо ҳам бурданду зиндон карданд. Як хел беномусу бешарафони буз болои бародарони намозхон туҳматҳо карданду то ба чубаи дор кашониданд, ба гуфти худашон «ҳамкорӣ бо мақомот  карданд». Аммо бояд донист, ки ин ҳама аз беисломиву беномусии бисёре аз мардуми мо шуд. Агар мо бузи амнияти милиса намешудем, якдигариамонро намефурухтему муттаҳид мешудем ин корҳои ғайриинсониву ғайриқонунӣ аз ҷониби ҳукумати даюси Эмомалӣ ба сари мо намеомад. Ҳоло ҳам биёд, э мардум, муттаҳид шавем. Якдигарро бо туҳмату буҳтон ва нафси дунё нафурушем. Барои ин режими ғайридиниву тоҷиккуши Эмомалӣ бас будагист. Дидану таҳаммул кардани ҳар гуна беномусиҳову ноинсониҳои ин режимро набояд таҳаммул кард. Акнун мардум дигар фаҳмид, ки ин режим дар фикри таъмини амнияти мардум неву дар роҳи нобудии мардуми Тоҷикистон аст. Охир, дар ин синну соле,ки дорем як фарзандро то ба ин сину сол расонидан кори осон аст магар?

Ва қурбони бозиҳои ин хоини ватанфӯруши модарбахаторафтаи Эмомалӣ кардану хомуш будан ин инсонист магар?

Агар ин ҳодисаҳои куштор якто буд, шояд мешуд бовар кард, аммо вақте чандин оиларо кушта истодаанду дардовару мудҳиштар аз ин касеро дастгир ва пайдо намекунанд, чи мешавад хулоса кард? Магар ин қадар давлату ҳукумат бесоҳиб аст? Агар худи ҳукумат ба ин кор шарик набуда бошад, фикр мекунед, то ба имрӯз ҳатто як нафар дастгир намешуд?

Сообщение Пушти кушторҳо, тавтиъаҳо дар Конибодом кӣ меистад? появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№129
Як хусусият, беҳтар аст бигуям афзалияти барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ин аст, ки тавассути он аз ҳолу ҳаво ва ҳаводису иттифоқоти кишвар огоҳ мешавем ва хонандаву бинандаи мо ҳам чи дар дохил ва махсусан чи дар хориҷа маълумот ба даст меоварад. Як майдончаи табодули хабару маълумот гуем ҳам иштибоҳ нахоҳем кард.

Нафаре, ки дар навори арусии Рустами Эмомалӣ арақи сару гардани балонигазии вайро пок мекард дар ёд доред? Ҳатто ҳамин Володя ҳам аз марҳамат ва лутфи Раҳмонов бебаҳра намонда будааст. Инро шумо ва мардум аз номаи нахустини ин нашри Номаҳо хоҳед фаҳмид

Душанбе

Албатта ин матлаб дар фейсбук нашр шуд вале муҳим ончи дар ончи нашр шуда нест. Чун,ки атрофи он чи гап аст онаш ба маротиб муҳимтар аз худи ончи нашр шудааст.

Дар матлаби фейсбук чунин омадааст албатта бо каме тасарруф онро нашр менамоем.

Аз як амали хеле зишту пасти як хизматчии давлатӣ, ки корманди Дастгоҳи иҷроия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам мудири ҳаммом- сауна 82 ҳаст гуфтаниям.

Ман аз хурдсолӣ маъюби (ДЦП) будам. Барои мани маъюб оби тару буғ ва хушк тартибе, ки ба ман хеле лозим аст ва барои саломатии ман хеле муфид мебошад, ки системаи марказии асабро ором мекунад ва саломатии ман хеле беҳтар мешавад, чун обу ҳаво лозим аст ва ман аз ин тартибот хеле вобастагӣ дорам.

Дар наздикии хонаи ман, дар маҳаллаи 82 бинои нав сохта шуд ва инҷо саунаи 82  воқеъ аст. Соҳиби он шахсе ба номи Володя мебошад. Ба ман кормандони ин сауна гуфтанд, ки Володя мансабдори баландпоябуда, корманди Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва бо Володя дидор ва мулоқот кардан хеле душвор мебошад.

Ман хеле кӯшиш мекардам, ки бо Володя мулоқот намоям, то барои мани маъюб ҷиҳати истифода аз саунааш  имтиёз бидиҳад, зеро нархҳо барои утоқи алоҳида хеле гаронанд. Интизориҳои ман ҳафтаҳо давом карданд ва дар ниҳоят ман бо роҳбари сауна, яъне Вододя вохӯрдам.

Ман хурсанд будам, ки ин ҳама муддати тӯлонии интизориҳои ман бо роҳбари ҳаммом  натиҷаи мусбат доданд. Ман ба Володя дар бораи саломатӣ ва маъюбиам, вазъи зиндагии худ ва нафақахӯр буданам суҳбат карда фаҳмондам, ки имкони пардохти баробари дигар муштариёнро надорам.

Володя маро бо диққат гӯш ва пешниҳод кард, ки дар як моҳ як маротиба ва танҳо дар рӯзҳои корӣ ва дар соатҳои субҳ ҳаммомро қабул намоям. Гуфт барои ҳар соати истифодаи ҳамом метавонам 60 сомонӣ пардохт намоям. Чунки пас аз нисфирӯзӣ ва қарибиҳои шом ва рӯзҳои истироҳат омадани мизоҷон якчанд маротиба меафзояд.

Ман бо камоли майл ин пешниҳодро аз роҳбари саунаи 82 Володя қабул намудам ва аз вай хеле миннатдор шудам. Ва субҳи 6 марти соли равон барои фармоиш додани сауна рафтам. Мехостам дар он рӯз ҳаммом кунам. Аммо як шахс ба номи Мунира, ки худро муҳосиби ҳаммом муаррифӣ мекард, бо сабабҳои номаълум хоҳиши маро рад кард ва вақти қабули маро ба санаи7марти соли ҷорӣ аз соати 11:30 то 15:30 таъин кард. Вақти истодан ё истифодаи ман аз ҳаммом 4 соат давом мекард.То дар ин муддат тавонам тамоми протседураи дармонро бигирам.

Ман қарори сармуҳосибро қабул намуда санаи 7марти соли ҷорӣ вақту соати муайяншуда яъне 11.20 омадам ва пеш аз ворид шудан ба утоқи ҳамом ба корманди сауна ба Шаҳром 240 сомонӣ пардохт намудам.

Соати 14:00 дари утоқи ҳамом, ки ман дар дохил будам ба кӯфтан сар кард. Ман хеле тарсидам ва дар ҳайрат афтодам ва ба дари даромад омада пурсидам, ки шумо кӣ ҳастед ва чӣ гап аст ва шумо чӣ мехоҳед? Маълум шуд, ки дарро кӣ кӯфт. Муҳосиби саунаи82 Мунира дарро сахт кӯфт ва бо овози баланд доду фиғон  бардошт ва ба ман дод зада ва гуфт, ки ман бояд аз кабинаи ҳаммом  берун шавам, зеро вақт тамом шуд. Ман ба Мунира фаҳмондам, ки ман 240 сомонӣ барои 4 соат ба кормандатон ба ном Шаҳриёр  пардохт кардам. Мунира бошад  хеле бераҳмона ҷавоб дод, ки соати ҳамом 300 сомониро ташкил медиҳад.

Ман ба  Мунира хотиррасон карда фаҳмондам, ки бо роҳбари сауна, яъне Володя пешакӣ маслиҳат кардаам ва ба ман тахфиф додааст. Дар посух аз Мунира шунидам, ки гуё Володя фармон додааст, ки маро аз утоқи ҳамом берун кунанд, чун вақти ман буд шудааст.

Чанд дақиқа пас аз рафтани Мунира дарро боз кӯфтанд. Ман ба дар наздик шудам. Маълум шуд, ки як корманди дигари сауна ба номи Шаҳриёр омадааст ва вай  хеле дағалона дарро куфтан гирифт ва бо овози баланд ба ман дод зада зӯроварӣ мекард ва доду фиғон бардошт, ки ман бояд утоқи ҳаммомро зуд холӣ намоям.

Мани маъюб аз тарсу ҳарос ва зӯроварии кормандони сауна82 дигар натавонистам то охир протседураи ҳаммомро қабул намоям ва утоқи саунаи 82-ро зуд озод кардам.

Агар Володя хизматчии давлатӣ ва корманди Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин мудири ҳаммом- сауна82 бошад ва нисбат ба мизоҷон рафтори номуносиб ва муомилаи бад кунад, инро чи тавр бояд баҳо дод ва пеши роҳи ин кори зишт ва ҷиноятро кӣ бояд гирад?

Ба кормандони тобеи худ амр ва фармон медиҳад, ки ба мизоҷони сауна  ва бадтар аз он ба одамони дорои имконияти маҳдуд, ба мисли ман -маъюб чунин муносибат кунанд.

Ба ман бисёр ҳам дағалона паст заданд, таҳқир карданд, мазоҳу масхара карданд. Ин кори онҳо ҷиноят аст.

Аз ҳамон лаҳзае, ки бо фармони Володя кормандони ҳамом бо ман зӯроварӣ ва фишор оварданд, ман худро хеле бад ҳис мекунам, ман ба худ омада наметавонам, стресс, депрессия, гирифта саломатии ман бад шуд.

Ин як амали хеле зишту пасти як хизматчии давлатӣ, корманди Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва ҳам мудири сауна82 нисбати ман, як маъюб аст. Ӯ сазовори кор дар мақомоти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нест !

Дар мавриди ин матлабе дар фейсбук нашур шуда ба “Ислоҳ”  чунин маълумоти ҷонибӣ расид:

Асалому алекум ва раҳматуллоҳ матлабе дар фейсбук нашр шударо агар хонда бошед дар мавриди шикояти як маъюб аз соҳиби саунаи 82юм. Ин Володяро ман хуб мешиносам агар тӯйи арӯсии Рустами Эмомалӣ, ки консерташ то ба ҳол дар Ютуб давр мезанад Володя ҳамон нафаре аст, ки бо руймолча арақҳои сару руи Эмомалӣ Раҳмоновро давида аз пушташ тоза мекунад ҳамон аст.

Дар Фейсбук як мақола чоп шуд нисбати сауна82,ки соҳибаш Володя мебошад: https://www.facebook.com/share/p/RmMjkhDV651h7nEn/?mibextid=oFDknk

Володя дар вақташ ҳамроҳи модараш дар ЦК, дар ресторан ё столовый официант шуда кор мекардааст.

Ҳозир бошад дар Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад, хизматчии давлатӣ аст ва ҳамзамон соҳибкорӣ мекунад.

Дар маҳаллаи 82 дар ҷои мусурка ҳамом сохт, ки бо номи саунаи 82 машҳур аст.

Тибқи талаботи Қонуни ҶТ  «Дар бораи хизмати давлатӣ» шахсе, ки дар мақомоти давлатӣ мансаби давлатиро ишғол менамояд, ҳуқуқ надорад, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул гардад. Володя бар хилофи талаботи ин қонун амал намуда, ба соҳибкорӣ машғул мебошад. Инчунин Володя бо иттиҳоми амалҳои қавми Лут миёни ҷавонони Душанбе маъруф аст. Инки солҳо дар дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ кор мекунад ҳама онро медонанд. Даҳҳо далел дар мавриди ӯ вуҷуд дорад,ки яке аз корҳое Володя мекунад ин амал аст ва мақомот аз ин амалаш ба хубӣ огоҳ доранд. Аммо ба пешво хело наздик асту касе ӯро чизе гуфтан ҳам наметавонад. (Дар дасти “Ислоҳ” ном ва аксҳои чандин афроди дар дастгоҳ буда расидааст,ки Володя онҳоро бо ин кор таъмин мекунад вуҷуд дорад,аммо мегузорем онро барои баъдтар )

Спитамен (Нов)

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!Ташаккур,ки номаи моро аз Спитамен нашр намудед. Мо акнун бо шумо ҳамкориро давом медиҳем. Ҳоло боз як маълумоти дигар ироа мекунам. Сардори ОВИР-и Спитамен Саидзода Саидҷон мебошад. Ин Саидзода тамоми қиморбозони ноҳияи Спитамеро кришават меукнад. Боз бозори марказии ноҳия нисфаш ба вай таъаллуқ дорад.

Вай на сардори милисаро гуш мекунад на дигарҳояшро. Задагиям мегуяд. Вай ба наздикӣ началник милитсия шуданӣ аст. Рутбаи хидматияш майори милитсия аст. Вай ранги Сомон аспро бисёр дуст медорад. Барои иштирок дар бузкашӣ то Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон меравад. Корманди милитсия оё хақи баромадан аз кишварро дорад? Ин Саидҷонро падараш бивший сардори милитсияи Спитамен буд, ҳозир дар нафақа мебошад. Дар мавриди амалҳои дигари ҷиноятияш ҳатман бо факту далел мефиристем.

Конибодом номаи аввал

Ассалому алейкум бародари мубориз Муҳаммадиқбол! Ин номаи ман аз номи шерони нари Қарақчиқуми Конибодом аст. Бисёр ҳам актуалӣ ва шоистаи нашри зуд мебошад. Аз ҳодисаҳои конкретӣ суҳбат мекунад. Хоҳиш мекунам, ки бетағйир чоп кунед.

Дар Қарақчиқум шерҳои нари гурдадори миёнбақувват бисёранд. Аммо аксарияташон дар Русия ҳастанд ва аз ҳамин сабаб ҷинояткорон бисёр шудагианд.

Ҳоло мехоҳем онҳоро нависем. Хоҳиш мекунам, илтиҷо мекунам аз шумо ва ҳамон касе, ки номаи пурдарди мардумро дар сайт бе хатогии орфографӣ чоп кунад. Инҷо тағйиротҳои бавуқуъомада пас аз номаҳои 119,124 ва 126-ро менависам.

Ташаккур, ки номаҳои манро нашр кардед. Ман онҳоро комилан бетағйир аз сайти «Ислоҳ.нет» пайдо карда хондам. Ва натанҳо ман, балки тамоми мақомдорони бодоварда ва обсофкунакҳои бачаҳакои Раҳмонов дар Конибодом хонданд.
Ман пеш фикр намекардам, ки чоплусҳо дар райони мо ҳам пайдо мешаванд. Аммо ҳоло ба ном депутатҳо мактаб андар мактаб сайру гашти чоплусона доранд ва ҷавононро тавсия мекунанд, ки бо хоинҳо гап назананд ва Раҳмоновро ҳамчун Худо наъузубиллоҳ дар Конибодом донанд, вагарна дар оянда ҷояшон дар зиндон аст. Мошинҳои махсус кӯча ба кӯча гашта сигнал медиҳанд барои аниқ кардани мардум.
Ҳоло раиси ҷамоат Фотяи «Абду Каду» фақат бо облава машғул асту тамом. Ӯро бачаҳакои боло заставиташ доранд, то ки пул кор кунанд дар маркази худи ноҳия. Пеш одами қобил буд, аммо ҳоло хеле тағйир хӯрдааст. Фақат кораш дашном ҳақорат ва ғайбат кардани мардум аст ба монанди занҳо. Гоҳо бо мардум ба лаҳҷаи нофаҳмо муошират мекунад.
Ҳоло гардиш дар роҳи оҳан афзудааст. Яъне пеш ин қадар рафту омад надошт поездҳо. Ба фикрам ин кори отаи Исмоили пингвин (Зоир) аст қочоқро бо роҳи оҳан мебарад ба точкаҳояш.
Тағйироти номаи 119 ин аст, ки оқои Қофлонбой ба аскархонаи Ҷаҳонзеб омада бо аскарҳо ва полковнику майорҳои носерами онҷо ош хӯрдааст ва ба онҳо ваъда кардааст, ки барқ медиҳад ба онҳо, то ки Суғдро қирғизҳо зада нагиранд. Яъне ёрдамчиҳои Қофлонбой ҳамагӣ номаҳоро мехонанд. Аммо ин факт аз он далолат мекунад, ки марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар хатар қарор дорад ва деҳаҳои мо зери хатари ҳуҷуми қирғизҳо мебошад. Барои ҳамин мо мехоҳем ақалан дар районҳои назди марзӣ барқ бошад, то ки душман аз фурсат истифода набараду хонаи Қофлонакоро ҷузъи аз хоки Ташкенту Бишкек накунанд.
Аммо баъди нашри номаи 124 ва 126 дар Конибодом ягон тағйирот сурат нагирифт. Чунки бачаҳакои амният ҳам Қофлонбойро задагианд ҳам мардумро. Чунки Некрӯзи ниндза то ба ҳол ба хонаҳои бе свети холӣ медарояд ва аз онҷо ба хонаҳои одамдор прослушка мемонад ва дигар корҳое, ки 18+ ҳаст,ки ман онро инҷо наметонам нависам.
Мо мардуми Қарақчиқуми Ҷаҳонзеб ва ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ аз Эмомалӣ Раҳмонови ҷугии дурӯя, Саймӯмин Ятимови чабераи Чингиз ва Рамазон Раҳимзодаи солим хоҳиш мекунем, ки ин махлуқро аз вазифааш озод карда дигар ба кори давлатӣ марбут ба ҳифзи ҳуқуқ ва уголовный розиск намонад.
Бовар кунед бародар Муҳаммадиқбол, ҳар он чизе, ки шумо дар номаҳои№ 124 ва 126 гуфтед рост аст. Аммо аз ҷониби режими Раҳмонови касофат нисбат ба ин Некрузи ниндзяи корманди шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд ягон амал сурат нагирифтааст. Ман намедонам шумо дар як нома гуфтед Буратино –Абдулло Навҷувонов, сардори РВКД-и вилояти Суғд алкоголики сахт будааст. Агар ӯ маст бошад мо аз Рустами Эмомалии нилобӣ   хоҳиш мекунем, ки ин ниндзяи қошпайвандро пурра аз вазифааш холӣ кунад. Вай ба хонаҳои одамон медарояд. Вақте барқ хомӯш мешавад,дуздӣ мекунад, махсус асбоҳои прослушка мемонад барои слежка кардани манзилҳои одамон.

Имрӯз сана 30 март аст. Аммо 10 рӯз гузашт, ки ҳеҷ тағйирот сурат нагирифтааст ва ӯро мо шабҳо дар кӯчаҳои деҳаҳои Ҷаҳонзеб ва Лоҳутӣ мебинем. Вай бо воситаи дарахтҳо ба хонаҳо медарояд.
Номи участковойи дигариаш Ансор аст ки вай ҳам буз мебошад. Аз Хуҷанд аст. Чандин занҳои мардумро шантаж карда беиффат гардонидааст. Вай масҷидро ба облавагоҳ табдил додааст. Махсусан соли гузашта ва имсол узбекзабонҳои Конибодомро ана ҳамин шахс азоб дод  ва то ҳол азоб медиҳад. Ҳудуди 850 нафар бачаро облава кард. Ҳисоб кунед, ки аз ҳар кадоме аз инҳо ба ҳисоби миёна 5 ҳазор сомонӣ гирифта бошад чи қадар маблағ мешавад? Ҳол онки аз баъзеашон 10000 сомонӣ ҳам гирифтагӣ аст. Ба занҳо руирост мегуфтааст, ки «бо ман ҳамин кора кунед,ман вай бачаатонро аз облава халос карда ба Русия  мегурезонам».
Ин Ансори хуҷандӣ мардумро ба «бачаҳакои боло». ки ҳоло ба Конибодом  омадаанд, доносчикӣ мекунад. Мошинаш Опел аст, рангаш сабз.

Бузҳояшро дар контакти телефонаш рақам монда ба ин зайл сабт кардааст: буз1, буз 2 ва буз 3. Таҷовузгари оромхислат аст. Байни бузҳояш лақаби Ансори пишакро дорад. Чунки дар яке аз майдонҳо дар вақти зардолупаз ин корро бо пишак карда будааст.
Байни информаторҳояш бо фахр мегуфтааст, ки «мана ҳамиқадар бузичам ҳай, дар фалон кӯча. Пеш аз ман ягонта участковийя бузаш ин хел ман боин мӯл набуд, ман рекорд задагӣ».
Мехоҳам бо воситаи барномаи “Ислоҳ” ин ду нафарро, ки байни мардуми Конибодом ҳеҷ обрӯ ва ҷойгоҳе надоранд ва лақабҳои ниндзя, қош ва пишак машҳуранд, дуои бад кунам. Чунки инҳо ҳатто дар ин Наврӯз ва Рамазон ҳам ин корҳояшоро бас накарданд
«Илоҳо пулҳои ин дунё шуморо сер накунад,ғайр аз хоки гурҳоятон”.
Вай ҳатто аз болои туалетҳо ба хонаҳои одамон медарояд ва аз онҷо одамонро мепояд.
Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба муҳоҷирони Конибодом ва хусусан ба муҳоҷирони деҳаҳои Қарақчиқум, Лоҳутӣ ва Маҳрам ташаккур расонида аз Худованд талаб намоям, ки ин садақаи онҳо дар ин моҳи муборак аз ҷониби Худованд қабул ва дар аъмоли онҳо навишта шавад.
Чунки ҳоло деҳаҳои мо аз насос таъмин шуда истодаст ва ин корро на Раҳмонови гурусна ва на Қофлонбой кардааст!
Балки худи мардуми дилсузи Конибодом, мардум ва хуш бар ҳоли онҳо, ки дар ин моҳ садақа карданд ва садақаи онҳо қабул шавад.
Худо накунад, ки пагоҳ Раҳмонов ба Конибодом омада насоси хайрияи мардумро ба ҳайси откривашка ифтитоҳ кунад. Чунки ин шармандагӣ мебошад. Аммо ин кор дар стили Раҳмонови қош аст. Зеро ӯ як мурдахури носерам ба монанди Некрузи ниндзаи панҷакентӣ.
Аммо аз тарафи қассобон дар ин моҳ ҳеҷ некию хубӣ дида нашуд. Балки ба ҷои гӯшти солим равған дода одамро фиреб медиҳанд. Яке аз ҳамин хел қассобҳо пеши автоостановка аст.
30 март дар маркази ноҳия як оиларо дар вақти бебарқӣ куштанд-як муйсафедро бо якчанд набераҳояш.

Аммо мақомоти бачаҳакои боло мегуянд, ки гӯё муйсафед набераҳояшро кушта бошаду баъд худашро  овехта бошад. Мо мардум ягон шаке надорем, ки ин кори бодовардаҳо мебошад. Онҳо дар Конибодом тамоми мардуми суғдитабори аслиро тафтишҳои сахт карда истодаанд ва агар инҳо хоста бошанд ҳодисаи марги он муйсафедро бо набераҳояш ба гардани ягон бузи худаш мепартоянд .
Мо аз Юсуф Раҳмони қотил хоҳиш надорем, балки вазифадор мекунем, ки ин бачаҳакои уголовныйи ноҳияи Конибодомро аз сар то пояшоно бисанҷад.
Ва дар охир паём ба Ниндзя дорам. Вай, албатта, ин номаро ҳамроҳ бо  бачаҳакои болои маркази Конибодом дар дохили мошини тонировкадораш мехонад. “Мо мардуми Ҷаҳонзеб ва Лоҳутӣ туро меқапем як рӯз не як рӯз. Дониста гир Некрӯзи қош, ки ту дигар ҷои гурез надорӣ. Он хонаҳое, ки дар Русия дорӣ бо занат хонаи мардум хоҳад шуд !»
Бародар Муҳаммадиқбол шумо 3 номаамро нашр кардед. Ин буд финали онҳо. Агар нуқот андар нуқот нашр мекардед ганда зӯр мешуд.
Чунки 8 — 10 сол пеш вақте дар ҷамоат ягон шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқ надоштем, дар ҷамъияти мо ягон бангиву одамрабоӣ набуд. Ҳамаи ин корҳо бо омадани ҳамин шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқ пайдо шуданд.

Яке аз газелчиҳои пасти дузд Абдулло аст. Мардумро бузӣ дорад. Пеш моҳиқапак буд.

Ба ҳар ҳол агар мардум ин беномусиро қабул карда бошад ва беномус шуда бошад аз дасти танҳо ман чизе намебиёду адо.
Ва дар охири нома мехостам аз шумо бипурсам, ки оё шумо оқои Муҳаммадиқбол аз бародарони конибодомӣ қонеъед?!
Ва номаро паём ба шермардони деҳаҳои Қарақчиқум ва Лоҳутӣ хостам ба итмом расонида бигӯям, ки «Бародарон телефонҳоро тоза карда бояд ба ватан баргашт, то ки ин махлуқоти омадаи таҷовузгарро аз ватанамон берун кунем. Мурғӣ бас аст. Бояд мо худамон бо дастони худ шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи Лоҳутиро ба афроди дилсуз ва муҳофизат мекарда супорем , на ба дуздҳо. Чунки Раҳмонов мехоҳад насли моро тариқи ин лулию ҷугиҳояш  иваз кунад.
Барои ҳамин бояд мардуми деҳаи Лоҳутӣ ҳам ҳаракат карда зану хоҳару модарони худро аз ин ду милисаи палид дар шабҳои торик ҳимоя кунанд, чунки онҳо фақат шабҳои торики бесвет мегарданд. Қарақчиқум номи пешинааш Ҷаҳонзеб аст.

Конибодом номаи дуввум
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!
Ман як сокини наздимарзии Тоҷикистону Кирғизистон, бошандаи деҳаи Санҷидзор  собиқ Ҷигдалик ҳастам. Мехоҳам дарди дил ва ҳолу вазъи имрӯзаи маҳалли назди марзӣ ва тағйироти пас аз “Номаҳои 101.109 ва 110-ро” пешкаш кунам. Ман сокини тоҷиктабори Санҷидзор ҳастам. Дар деҳаи мо ҳам тоҷикҳо ва ҳам қирғизҳо зиндагӣ доранд. Свети деҳаи мо ягон бор хомӯш нашудааст ва то ба ҳол хомӯш намешавад. Чунки аз Қиргизистон меояд. Аммо модар ва падари ман дар деҳаи Ҷаҳонзеби ҳамсоя зиндагӣ доранд ва барқ надоранд ва ман аз ин шарм медорам. Чунки ман ягон хел беҳбудӣ наметавонам орам барои онҳо.

Дар маркази ноҳия ин режим расмҳои шаҳрвандони худашро гузошта аст, ҳамчун як террорист. Ин кор ба куҷо рост меояд, ки худи давлат шаҳрвандонро дар ноҳияи худ ҳамчун душман муаррифӣ мекунад.

Баъди нашри ҳамон 2 нома аз қирғизҳо ягон тағйирот сурат нагирифт нисбати ҳамон аспдорони қароқчӣ. Онҳо то ба ҳол дар Ҷинқум бо асп мегарданд ва дуздӣ доранд. Онҳо аз насли муғулҳои Ҷӯҷии бачаи Чингиз ҳастанд.
Баъди нашри номаи 119 ба ана ҳамон Погранзаставае, ки байни деҳаи Санҷидзор ва Ҷаҳонзеб ҷойгир аст вазифадорҳои баландрутба ба монанди худи Қофлонбойи

қош, раиси вилоят омаданд ва аз аскарҳо дидан карданд ва барқро ҳамон рӯз доданд. Яъне дар Қайроқум 100 фоиз об ҳаст, барқ ҳаст, аммо нафси Раҳмонов адоӣ надораду адонашаванда аст. Ин далолат аз он мекунад, ки ин мақомдорҳо пайгирии номаҳои мардумии Ислоҳ мекунанд. Ҳар вақт имконияти омадани аскарони қиргизҳоро дорад ҳамон муноқиша худаш як исботи калон  буд барои  мо.
Бовар кунед бародар Муҳаммадиқбол ҳар он чи аз Конибодом ва деҳаҳои мухталифи он гуфтеду чоп кардед, рост аст. Аскарҳои тоҷик ягон техникаи замонавӣ барои ҳифзи мардум ва марз надоранд. Инҷо фақат чор полковнику генерали қориишкамба ҳаст. Ба онҳо фармон медиҳад, ки фалон гову гӯсфанд дуздида биёяд ё моҳиҳои Баҳри тоҷикрову халос.
Дар номаи 124 ва 126 дар мавриди Ниндзя сӯҳбат кардед. Вай то ба ҳол дар вазифа аст, қошҳояш пайванд аст, ранги Қофлони қош.
Ҳоло вазъи Тоҷикистон хеле душвор аст. Аз як тараф барқ надорем аз дигар тараф ба мардум паёмакҳо омада истодааст, ки бояд фалон ҷой фалон миқдор пул барои IMEI биспорад.
Бовар кунед бародар. Ҳамаи ин чизҳо аз тарси Раҳмонови барқфурушак далолат мекунад. Мардум кӣ будани Эмомалиро фаҳмиданд. Чунки шумо дард ва ранҷи мардуми моро нуқта ба нуқта гуфтед.
Мо мардуми Конибодом ҳамагон барқ мехоҳем. Мо на ба президенти давлат курпача дароз дорем, на ба сарвазири гилем кушодаем. Ҳамагӣ барқ ва хонаҳои гарму обдор мехоҳем!
Ду сол пеш вақте ҷанг байни тоҷику қиргиз шуруъ шуд мардуми мо хеле чашмашон кушода гардид ва хусусан ман, ки дар политика сифр будам, имрӯз хеле таҳлил мекунам хабарҳои актуалии ҷаҳонро.
Дилам ҳам аз Русия мондаасту ҳам аз Тоҷикистон. Ҳар вақт, вақте ки ба хотирам мезанад,  ки ман дар марз зиндагӣ дорам суханҳои рости шумо ба хотирам мезанад ки шумо гуфта будед: агар ҳамсоякишвар ба шимол ҳамла кунад мардум бо онҳо як мешавад ба монанди Қарахониён ва Ғазнавиён, ки Сомониёнро аз ҷиҳати паст будани низом ва ҳуқуқи шаҳрвандонаш заданду гирифтанд. Шумо ин хитобро ба Раҳмонов карда будед ва ман бо шумо розиям бародар Муҳаммадиқбол.
Агар номаи манро дар барномаҳои номахо аз ноҳияхо ҷой медодед, хеле хуб мешуд….
Устоди азиз ! Мо баъдан фаҳмидем, ки он нома дар бораи Тухтасунуғлуро амниятиҳо аз номи мо нома нависта ба шумо фиристода буданд, аҳамият надиҳед.
Ман аз шумо хоҳиш ва илтимос мекунам, ки дар номаҳо ҷой диҳед.

Конибодом номаи севвум
Салом бародар Муҳаммадиқбол!Аз ҷамоати Пулодони Конибодом менависам.

Ҷамоати  мо 27000 аҳолӣ дорад. Ҳоло на барқ дорему на об. Амниятиҳо мардумро ғорат доранд. Масҷидҳоро маҳкам ва бачаҳоро облава карда истодаанд.

Ҳозир амниятиҳо аз Данғара омадаанд, ба монанди Сорбони киллер. Шабҳо кӯча ҳоро тафтиш карда истодаанд. Мо намедонем инҳо дар ҷустуҷӯи кадом одам бошанд. 18 март, рузи шанбе аз Данғара боз як уголовний розиск омад. Телефонҳои мардумро проверка карда истодааст. Кофта истодаанд, ки бо шумо ҳамкорӣ мекунанд,г ап мезананд, хабар медиҳанд ё не? Мо, рости гап аз инҳо сахт безор шудаем. Худашон ҳам инро медонанд. Барои ҳамин боз зулму ситамро зиёдтар карда истодаанд, токи мардумро тарс диҳанд. Аммо ин ҳол дер давом намекунад. Чунки мардум ҷонашон ба лаб расидааст.

Бустон

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу бародари муборизи роҳи ҳақ домулло Муҳаммадиқбол.

Бустон зери шиканҷаи бачаҳакои боло  қарор дорад. Нафарони ба масҷид мерафтаро бо мошинҳояш шинонда, тарсонида ба буз шудан даъват доранд. Албатта, аз байни чунин одамҳо боз ҳатман чанд нафаре пайдо мешавад, ки буз мешавад.

Ман аз Федератсияи Русия ба Шумо ин номаро ирсол карда истодаам. Дар ватан яъне шаҳри Бустон, аз ман бачаҳакои боло хеле пулҳоямро ба монанди » пилесос» кашида гирифтанд. Бо он пулҳо 2 мактаби замонавӣ сохта мешуд.

«Бачаҳако»-е, ки дар аэропорт бошад,онҳо аз пилесос ҳам нафсашон бад аст. Онҳо аз душанбегиҳо ва хатлониҳо пул намегиранд, фақат аз мардуми бечораи Бадахшон ва мардуми бечораи Суғд пул мекананд.

Мехоҳам аз зулму шиканҷа болои мардуми Бустон аз тарафи бачаҳои Абдулло Навҷувонов ва Рамазон Раҳимзода ба мардум ҳикоя кунам.

Дар шаҳр 2 масҷид ҳаст. Ҳамаи муллову домуллоҳои он ба монанди Ҳоҷӣ Мирзои кулобӣ «хиради пешвотаърифкунаканд», бузӣ мекунанд, ки кадом одам чи хел аст, ки чи хел риш дорад, кадом зан чи хел либос мепӯшад ва биографияву умуман «кто по жизн» буданашро ба бачаҳакои данғарагӣ ва кулобӣ хабар кашанд. Барои онки «бачаҳако» гуё ягон чизро барои онҳо «ҳал» карда медиҳанд.

Мегӯӣ, ки масҷидҳои Бӯстон масҷид нею як милисахонаи Навҷувонови Буратино бошад.

Милисаҳо тамоми масҷидҳоро манъ карданд ва мардумро маҷбур карда истодаанд, ки ба онҳо буз шаванду барояшон информатсия диҳанд.

Барояшон фарқе надорад, ки зани мусулмон аст ё марди мусулмон. Тамоми ҷомеъаро мехоҳанд ба як намуд табдил диҳанд. Ҳамаи мардуми мусалмони шаҳри Бӯстон барояшон ба гуфти русҳо «доносчик» ва ё ҳамон буз шаванд. Ва албатта ҳамаи ин амалҳо дар шакли ғайриқонунӣ ва қонуншиканӣ сурат мегирад.

Охир эй Раҳмонов, ин азобу зулм ва шиканҷа аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқи ту то ба кай дар Бустон ва Суғд давом мекунад?

Ман пеш фикр мекардам, ки дар Бустон насрониҳо назар ба мусулмонҳо озоданд. Аммо онҳоро ҳам ба монанди дигар афроди худоҷуй, зери азобу зулму шиканҷа қарор медиҳанд. Дар  Бустон ҳол  ҳамин хел аст. Болои мо мусалмонҳои Бустон аз тарафи  ниҳодҳои режими диктотурии Раҳмонови бе хирад хеле номардӣ ва қонун шиканӣ сурат гирифтааст.

Ман намедонам бародар Муҳаммадиқбол, шумо дарду ранҷи мусалмонҳои Бӯстон- собиқ Чкаловскро чоп мекунед ё не? Мо дида будем дар барномаҳои қаблиатон, ки чи хел насрониҳоро зулму фишору шиканҷа карда буданд.

Раҳмонов то он дараҷа номарди бедиёнат аст ки аз любой одами худоҷуй ва худопараст метарсад. Дар охир талаб дорам, ки дар ҳаққи мо мусалмонҳои ҳақҷуй ва худоҷуйи шаҳри Бӯстони Суғд дуъо кунед.

Худованд ин режимро дар ҳамин сол шикаст диҳад. Омин!

Қурғонтеппа

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман як ҷавонмарди тоҷик аз шаҳри Қурғонтеппа ҳастам. Ман сокини маҳаллаи «Кайҳонннавардон», доми 78 мебошам. Дар пеши доми мо як доми нав сохта истодаанд. Саҳнаи доми мо ҷойи бозии кудакон ва кушод буд. Аммо ҳозир дом бардошта онро танг ва нафасгир карда ҷое барои бозии кудакон боқӣ нагузошта истодаанд. Мардум ягон кас розӣ нест. Мегуянд, ки инҷо кудакон бозӣ мекунанд, накунед. Мегуянд, ки кудаконатонро лимпопо баред. Ба бошандаҳои дом орду гушту руған додаанд, ки хап кунанд. Аммо ман хап намекунам. Ҳама аз тарс ягон кор карда наметавонанд. Шахси домсоз номаълум. Ҳеҷ кас ӯро намешиносад, намедонад, ки кист. Аммо ҳатман аз оилаи пешво ва ё шахсе аз круги домоду набераи ӯ аст. Хоҳишамон ин аст ки номаамон чоп шавад, то мақомот чораи ин корро бубинанд. Давлаталӣ Саид охир камтар диққат диҳанд ақалан ҳамин маркази вилоятро!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№129 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№107
Тавассути барномаи «Номаҳо..» хеле аз сирҳову розҳои Раҳмонов ва кормандони ҳукумати вай ошкор шуда истодааст. Дар номае, ки ҳоло дар зер мутолиа мекунед, аз шоҳидони ҳодисаи боздошти Шайх Темур ҳикоят оварда мешавад. Шайх Темурро дар зиндон кушта буданд, аммо, ӯро бо чи далелҳои сохтаву бофта боздошт кардаанд ва дар боздошти вай кормандони амният чи гуна «саҳм» доштанд дар инҷо маълум мешавад:

Хатлон

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Бародар ин қисмати охири номаи мо аст. Ду қисмати онро дар барномаҳои пешинаатон мунташир кардед. Сипоси фаровон бар шумо. Мо, ҳамон ҷавонони хатлонӣ аз Восеъу Темурмалику Шамсиддини Шоҳину Муминободем, ки ҳоло дар Русия кору фаъолият мекунем. Баъзе аз мо солҳо дар мақомоти амниятиву интизомии Тоҷикистон хизмат кардаанд ва ҳоло ҳам шиносу бародаронамон дар ин мақомот кор мекунанд ва мунтазири рӯзи муносиб ва мувофиқанд, ки ин режимро ба хоки сияҳ нишонанд.

Ҳоло дар бораи як ҳодисаи дигар гуфтанием. Дар бораи шаҳид Шайх Темур. Ончиро, ки худамон шоҳидаш будем, ҳамонро мегуем. Инки Шайх Темур ва эшони Сайид Қиёмиддини Ғозиро дар зиндон куштанд, ҳама бохабар ҳастем. Дар ин бора неву дар бораи онки ӯро чи гуна боздошт карданд мегуем.

Ӯро бо ҳазору як туҳмату буҳтон дастгир намуданд. Ба вай ин туҳматро заданд, ки гуё як муриди Шайх гуфта бошад, ки Шайх қабри падарашро мавзолей сохтаасту қабристони ӯро орову торо додааст. Яъне болои қабри падараш мақбара бунёд кардааст.

Як чанд нафар муридҳо Шайхро хабаргирӣ рафта истода будаанд. Ҳамон вақт дар ними раҳ кормандони группаи оперативӣ ҳамашонро бор карданду тарафи қабристони падари ӯ омаданд ва дар ҳамонҷо заставит карданашон, ки ба самти қабристони падари шайхатон намоз гузоред. Мегуяд, ки моро лату куб карда қатор карданду маҷбур намуданд, ки шишта хестан гирем. Лекин ягон сура нахондем. Аз пуштамон дар қабристон истода саҷдаи моро камера карданд. Баъд ин ҳолатро   дар вақти суд барои гунаҳгор карданаш нишон доданд. Ин якум ҳолати сохта буд.

Дуюм боз медонем, ки дар мошини Шайх як баки иловагӣ оварда монданд. Ин корро амниятиҳо карданд. Гуё кадом муриде дар он бак об мерехтааст .Ва мошин бо об меравад, ҳаракат мекунад ва гуё ин як каромоти дигари Шайх аст.  Муридҳоро амният ҷамъ кардаасту гуфтааст, ки шумо то ин андоза гумроҳ шидагиед бо ин Шайхатон: «диден шайхтон шуморо дуруғ ва гумроҳ кардаст, ки дар бак об мерехтаст, мерафтай, гуё ки ин каромот мекрдааст». Ин гап комилан буҳтон аст дар ҳақи марҳум Шайх Темур ва сохта ва бофтаи КДАМ буд.

Як муридаш гуфт, ки ман худам рафта мошинашро заправка карда миёвардем. Ин як туҳмати бофтааст мегуяд муриди  Шайх Темур. Гуё, ки муллобачаҳо бесавод ё дар коридори мактаб хондагӣ бошанд. Намедонанд, ки дар асри 21 чи хел дуруғ гуянд ошкор мешавад. Аз гуфтани дуруғи бисёр ин амниятиҳо худашон гумроҳ шудаанд бовар кунед.

Чаро ман кор дар ин режими ҳаромро бас кардам. Барои онки бисёр зиндониёнро, ки босаводу мардбача буданд, дар зиндонҳо маҳбусонро кумаки молияву хурокворӣ мекарданд ба қатл расонданд. Ман ин ҳама ноҳақиҳоро бо чашмонам дидаам.

Ман ба чунин коргарҳо муроҷиат карда гуфтаниям, ки ҳозир ҳам вақт ҳаст, имконият пайдо шуд, аз ин режим ҳимоят накунед, ки ҳаром мемуред. Дар ин дунё ҷанозаи шуморо агар мисли Мукаррам шахсон нахонад дигар ягон кас намехонад. 99%намоз намехонед.

Боз як қарори дигар бароварда буданд, ки зиндониҳо дар иншоотҳо кор кунанд ва нони пули нони ишкамашон бароранд. Чунки давлат ба онҳо нону ғизо медиҳад. Азбаски инҳо ба ҷамъият зарар овардагианду боз аз буҷҷаи давлат мехуранд, онҳо бояд кор кунанд. Намедонам ин қарор иҷро шуд ё не.

Ва боз дар чанд соли ахир як кори дигар кард ин ҳукумат.

Дар мақомоти давлатӣ дар ҳар як корхона як куратори амниятро оварданд. Гуё вай назорати бехатариро пеш мебарад. Вай бояд чашму гуш бошад ва аз корҳои ғайриқонунӣ ва масалан коррупсионӣ хабар диҳад. Лекин онҳо агарчи ҳамара медонанд, чашмашонро мепушанду доляра мегиранд ва маълумотҳои бардуруғро ба роҳбарият мерасонанд, гуё ҳама тоза. Аммо аз тарафи дигар инҳо ҳам илоҷ надоранд. Чунки маоши онҳо ҳатто ба сару либоси мактабии бачаҳояшон намерасад. Системаро тавре кардаанд, ки бидуни дуздӣ намешавад як қадам бардошт. Ин Палатаи ҳисоб ва Коррупсия бошад аз амният ҳам дуздтаранд. Мо бо “Ислоҳ” ҳастем ва ҳама ончи медонем менависем ,то мардум фаҳманду огоҳ бошанду шайтонҳо ва ҷинояткорони асосиро хубтар шиносанд.

Фархор

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Аз қишлоқи Майдапатаи ҷамоати Ватани Фархор бароятон менависам. Мо барои сохтмони масҷид пул ҷамъ намуда онро сохтем. Боми масҷидро пушонидем. Аммо раиси маҳалла бо муовинаш омад ва гуфт, ки масҷид маҳкам мешавад тамом.

Мо савол додем, ки чаро маҳкам кардед? Гуфт, ки фармон аз боло. Ман гуфтам, ки аввал ба раиси ноҳия шикоят мекунам, баъд боло меравам. Гуфт, ки беҳуда. Хуллас, ҳамаашро фаҳмидам, ки чи гап аст. Ман ба шумо гуфтаниям, ки мо мусулмонони ин деҳа масҷид надорем. Ҳамин қадар фаҳмидем,ки боло яъне Раҳмонов масҷид намоз ислома намехоҳад, то он рӯзе ӯ ҳаст ин ҳама запред боқӣ мемонанд. Ин якум масъала.

Дуюм масъала ин дар бораи мактаб аст. Мактаб доштем, ки соҳиби шонздаҳ синфхона буд. Ҳозир даҳ синф дорад. Дигарашро Убайд Раззоқ канда бурд. Дар замини мактаб оғил карда аст. Ин одам дар лаби канали об магазин ҳуй кардаст. Боз бар дорад. Инҷо мехуранду мусорашро дар канал мепартоянд. Аз поён чор қишлоқ об мехурад.

Одам ҳайрон мешавад. Чаро дар даруни мактаб ин оғил дорад. Пеши раис меравам ягон чора намебинад. Боз мегуяд, ки бекор аст. Ҳеҷ кас ба доди мо намерасад. Барои як сол налоги об медиҳем. 8 моҳ ҳаст чор моҳи дигар нест. Мо куҷо шикоят барем ғайр аз “Ислоҳ”, намедонем.

Зафаробод

Ассалому алейкум бародарони муборизи роҳи Ҳақ.

Шумо ва муборизонро худованд нигаҳбон бошад ва ҷои муҷоҳидини роҳи ҳақ эшони Фузайл Махсум, Саидаҳмадбек, Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин ва дигарон ҷаннатулфирдавс бошад.

Муҳаммадиқбол мо ҳамеша барномаҳои Шуморо тамошо мекунем ва ҳамеша кумаки хешро ба шабакаи Ислоҳ мерасонем. Ман он бародари масчоӣ аз Зафаробод мебошам. Як ҳафта шуд боз ба муҳоҷират омадам. Зафаробод чи тавре, ки буд ҳамон тавр пур аз порахуру бузу хабаркаш истодааст. Ҳатто зиёд шудааст.

Кормандони мақомот, ки банда ҳам як замоне кор мекардам, фукашон ба осмон. Вақте ман аз Русия рафтам ,онҳо фикр мекунанд, ки ман дарахти пулро бурда бошам. Мисли гадоҳо руирост пул талаб мекунанд ё мегуянд имрӯз зиёфат аз ту. Инҳо ҳама зиндаҳои ризқи мурдахур. Оби нушокӣ наёфтам, ки ба сери хурам. Дуввум барқ. Ҳатто наметавонистам, ки телефонамро пурра заряд монам. Ман дар маркази ноҳия зиндагӣ мекунам. Вой бар ҳоли мардуми дурдасти ноҳия.

Бузакони ШВКД ва амният нонашон болои равған.

Ман хостам дар ин нома роҷеъ ба як муаллими босаводтарини Тоҷикистон, ки бо Шумо бо забони русӣ баҳс кард ва ҳамаро қоил кард, муаллими таърих Алиев Баёнҷон Овлоқулович гап занам. (устод босавод гуфтанам маънои чуқур дорад). Банда ба ҷустуҷуи ин муаллим баромадам ва маълумотҳои дақиқу саҳеҳ ҷамъ овардам. Воқеъан ин шахс зодаи ноҳияи Айнӣ буда баъдан ба Зафаробод, ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод куч бастааст. Баёнҷони босавод баъди хатми мактаби миёна, ки дониши хуб дошт (маълум чи гуна дониш) ва тавонист бо ин донишаш ба литсейи  касбӣ- техникии Меҳнатобод ба ихтисоси тракторист дохил шавад ва онҷоро ҳам хатм намояд. Хуласи гап, дар ин литсей баъди чанд сол ба ҳайси омузгор ва ҳатто ҷонишини директор кор кард. Сарвари литсей Рузиев Парвиз домоди яке аз гургон ва коррупсионери куҳнаи Зафаробод, собиқ муовини раиси ноҳия Наврузов Нормат мебошад.

Як рӯзи фасли баҳор омузгорони литсей ба Шаҳристон дамгирӣ мераванд ва дар ин литсей як духтари беҷогард Умеда низ кор мекунад. Дар ин вақти истироҳат Баён ва директори литсей барои Умеда ҷанг мекунанд. Ва Баёнро ту маълумоти олӣ надорӣ гуфта аз кор пеш мекунанд. Баён, ки акаи занаш дар Донишгоҳи омузгорӣ профессор аст, бо воситаи вай ба филиали Донишгоҳи омузгорӣ дар шаҳри Панҷакент ба шуъбаи ғоибона даромада бо воситаи пули пахта соҳиби диплом мегардад. Агар ба ин муаллим савол диҳӣ, ки кай таваллуд шудӣ, ҳатто рӯзи таваллудашро гуфта наметавонад. Баён як алкаш буда дар шаҳраки Меҳнатобод ба занакбозиву ҳаромгардӣ машғул аст. Худ қазоват кунед, ки марде, ки валади зиност чи гуна духтарҳоятонро бовар карда ба ин мактаб медиҳед. Ҳатто маълумот доданд бародарони яғнобӣ, ки падари Баён низ як алкаши валади зиност. Боз инҳо аз авлоди собиқ раиси ноҳия ва раиси Барқи тоҷик Раҳматзода Рустам Мирзо, ки айни ҳол бо як сабаби маълум Ҷаноби холӣ аз кор пеш кард буданд. Ин Раҳматзода вақте раиси ноҳияамон буд ҳама вазифаҳоро фурӯхт. Кадрҳои босаводро аз кор гирифта челонгарро муовини раис ва як муаллими таърих Шарифзода Меҳриддинро муовини раис таъин кард ва пули калон гирифт. Заминҳои райпоро ба номи додараш собиқ раиси Амонатбонки ноҳия, ҳоло муовини аввали Раиси ноҳияи Айнӣ Раҳматзода Суҳроб мебошад, гузаронид.

Ин Раҳматзода Рустам ҳангоми раиси Барқи тоҷик буданаш яке аз хешони зани Ҷаноби холӣ, ки номашро фаромуш кардам ба фикрам Ҳукумовро муттаҳам мегуяд ва ин хабарро бонуи аввали Тоҷикистон Азизамоҳи газитхонак ба гуши Эмомалӣ мерасонад, ки агар Раҳматзодаро гум накунӣ мурдӣ. Эмомалӣ аз тарсаш оҳиста Раҳматзодаро аз ҳукумати хеш дур кард.

Ин Баёнҷон ҳоло ҳам ба ҳамон корҳои зишти хеш машғул аст. Ҳатто бародарони яғнобӣ гуфтанд, ки дар моҳи шарифи рамазон маст дар маркази ҷамоат мегардад. Ба фикрам домулло қиёмат қоим мешавад, ки замон замони ин дузду фосиқу бесавод шуда истодааст.

Боз як нуктаи дигарро дарҷ кунам, ки ин ҷамоати Меҳнатобод вазъу ҳоли хуб надорад. Аввал он ки ҳамаи ҳаромхурон ва гургон Зиёзода Сулаймон Ризо, Ашурзода Раҷаб Рузӣ, Наврузовҳо ҳама аз ҳамин ҷамоат. Дуввум инки Абдуллозода Зарина Ислом, дар номаҳои пешина гуфта будем, Раиси ҷамоат шудааст. Ин Абдуллозода бе мардак наметавонад. Як занаки ҷалаб ва фоҳиша буда аз сардори амният сар карда то бо магазинчиҳо мегардад. Боз як чизро гуфтанд, ки ин Абдуллозода Заррина аз ба ҷои онки хонаи мардумро обод кунад, ҷангҷоли як оиларо ислоҳ кунад. Баракс, сабаби оилавайроншавӣ ҳам будааст. Дар гирди хеш духтарони ба худаш монандро ҷамъ карда, баъдан ба ягон шахси мансабдор фурӯхта ва оилаи ин шахсро вайрон мекунад.

Мисоли оддӣ, як духтари бо ном хона, ки номаш Мадина ва аз Меҳнатобод аст ба назди худ ба кор гирифта баъдан ба собиқ архитектори ноҳия Солиев Абдураззоқ, ки ҳоло директори КВД «Лоиҳакаш» мебошад ба маблағи 1000 доллар мефурушад ва баъдан бо воситаи шантаж Абдурозиқро аз занаш ҷудо карда Мадинаро ба Абдурозиқ худ ЗАГС мекунанд.

Воқеан устод ончики аён ҳаст ҳоҷат ба баён нест.

Агар ин мансабдорон ин тавр кунанд вой бар ҳоли дигар мардум. Мардуми Яғноб шумо хуни гарм доред. Мардуми Масчо шумо чи? Бархезед, нависед. Ин вазифаи мо аст. Натарсед. То ба кай метарсем? Аз пушти ҳамин Баён барин муаллимони бесаводи валади зино падару модарон духтарошонро аз синфи нуҳ аз мактаб мегиранд. Агар як -ду ҷавонмард ин Баёнро як, ягон гап гуфтани шавад, амният ва ШВКД ҳозиру нозир ва статяи маълум Муҳамадиқболро зада бурда маҳкам мекунанд. Вой бар ҳоли шумо мардум. Мо бар мегардем ва аввал аз ҳамин Баён сар карда то ба Абдуллозодаи брачное чтиво ё дом 2 кардааст, ҷамоатро бояд мисли пешина кунем ором ва бе ҳаромхорону фитнаандозон. Ҳатман он рӯзи бузург ҳам мерасад.

Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!  Худо аз шумо розӣ бошад. Номаи маро илтимос дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» гузаред. Ман баъд аз хатми  мактаб ба донишгоҳи Технологии Тоҷикистон дохил шудам. Намедонам онҷо донишгоҳ буд ё бозор. Рости гап бисёр пушаймонам аз дохил шуданам. Вақтам беҳуда гузашт. Валлоҳӣ қасам инҳо  душмани ин миллатанд. Дар донишгоҳ фақат пул. Декани факултет Зарифбеков.М.Ш  худаш аудитория ба аудитория гашта НБ –ғоиб мемонад. Вақти имтиҳон аз он нафароне, ки Нб бисёр доранд, пул мегирифт. Аз ҳар як нафар 2000сомонӣ ва аз ин ҳам зиёдтар мегирад. Боз метарсонад, ки хориҷат мекунам: «рост хизмат сағира… ё пула те хапакак гард». Инчунин омузгорон вақти баҳо гузоштан то пул надиҳед баҳо намегузоранд. Як муаллим буд ошкоро мегуфт, ки « ман задагиям, дониши тра ягнгат ба ман списка додай бояд харид кунам».

Ҳамаи донишгоҳо бо ҳамин система кор мекунанд. Деканҳо пул ҷамъ мекунанд. Боз ҳар як декан ба ректор ҳар моҳ пул медиҳад. Беш аз 1000доллар.

Ман намедонам ректор ба кӣ медиҳад, аммо ин факт раднопазир аст, ки онҳо аз донишҷӯён ҷамъ мекунанд пулро. Ман як чиро мехоҳам гуям, то дигарон донанд. Бисёрии омузгорон беномус ҳастанд, чунки онҳо донишӯ духтаронро ошкоро ба ҳамхобагӣ даъват мекунанд. Боз дар кафедра мешинанду байни якдигар нақл мекунанд: «дар фалон группа духтари соз ячи … доштай ё …. зур»

Ана ин аст ин ҳукумати ин лаъин. Худо лаънат кунад Раҳмоновро. Ман ду рӯз менависам, гапҳои ман тамомӣ надорад. Худо лаънатшон кунад. Донишҷуёнро фақат маҷбур мекунанд:  ё маршировка меравӣ ё НБ мегирӣ. Ҳамаро маҷбур мебаранд пеши Фиръавн. Ҳама маҷбурӣ меравад. Ягон кас ба хохиши худаш не. Донишҷуҳоро метарсонад. Агар наравӣ хориҷ мешави тамом. Маҷлис мешавад гапи даҳанашон танқиди сатр ва риш. Ба худо қасам дигар ягон гап надоранд, ман дар чанд маҷлис иштирок кардам, фақат танқиди риш ва сатр. Дар хобгоҳҳо ҳам донишҷуёни бечораро ором намегузоранд. Ягон хобгоҳ шароити зиндагӣ кардан надорад. Боз солбасол нархи онро боло мебаранд.  Ман тули 4 соле, ки дар донишгоҳ таҳсил кардам, фақат як чизро аҳамият додам, ки назорат ба сару  либос асту халос.

Ҳар донишҷу бояд кори курсӣ супорад. Валлоҳӣ қасам сол аз сол нархаш боло меравад. Дар ҳар донишгоҳ ҳар хел. Вале аз  300сомонӣ боло. Як донишҷу дар як сол ду маротиба месупорад. Мудирони кафедра маслиҳат мекунанд. Мисол туро ман роҳбари фалон группа мемонам, 2000с медиҳӣ, давомаш кори ту, чанд пул метавонӣ, ҷамъ куни онаш кори ту.

Боз барои 4 курс ва ё 5 курсҳо навиштани кори дипломӣ ҳаст, ки нархаш аз 3000 сар мешавад то 6000 ё 7000 сомонӣ. Фақад мақсадашон пул канда гирифтан, ягон мақсади дигар надоранд. Гоҳо муаллим медарояд дарс ва сардорро мегуяд: «имрӯз группаи ту полний бак мекунад мошини мана. Ман бар ивазаш тестҳои имтиҳонро медиҳам».

Аз ректор Амонзода .И.Т сар карда то коргарони оддӣ пул мегиранд .Ба фикрам фақат фаррошҳо  дар донишгоҳ шабашка надоранд тамом.

Боз як роҳ ё манбаъи пулкоркунӣ дар донишгоҳ масъалаи перевод аст. Переводи донишҷуён аз ин факултет ба факултети дигар ё аз донишгоҳ ба донишгоҳи дигар, ҳамааш пул. Як  ҷураи ман перевод кард аз Хуҷанд ба Душанбе. Гуфтамаш чанд пул расход кардӣ?  Гуфт12000 сомонӣ.

Боз як манбаъи дигари даромади муфт. Барои шаҳру ноҳияҳо квота барои донишгоҳҳо ҷорӣ шудааст. Ана ҷои пул коркунӣ дар инҷо ҳаст.

Мисол квотаи донишгоҳи тиббӣ 5000 долар нарх дорад. Ҳозир намедонам боз агар нархаш боло нарафта бошад. Ин пулро ё мудири маориф мегирад ё ҳамон нафароне, ки барои имтиҳони квота сафарбар карда мешавад. Дар бисёри ҳолатҳо бо мудири маориф маслиҳат мекунанд, ки ягон одам ёбад. Яъне фаҳмидед, ки «одам» гуфта чиро дар назар доранд.

Дигар квотаҳо арзон 1000доллар. Боз инро ном гузоштаанд квотаи президентӣ. Ҳар куҷое номи президентӣ шуд, бояд пул диҳад одам, чун президентӣ ном дорад дигар. Оё бо ин системаи маориф метавон кадр сохт ва ҷавононро ояндаи миллат гуфт?

Ғафуров

Салом бародар Муҳаммадиқбол!

Бовар кунед, бо ин масъалаи Овчиқалъача кормандони амниятро сахт асабиву сарсон кардед. Худованд мову шуморо муваффақ гардонад. Бисёр фикр кардам,  чи гуна аз дохил метавонам ба халқи худ кумак расонам. Хулоса кардам, ки як мақола нависам. Агар қабул кардед, писанд омад, онро дар Номаҳо нашр кунед.
Чанд рӯзе пеш дар бораи Овчиқалъача матлберо нашр кардед. Атрофи ин нома сару садохо хеле зиёд гашт. Чоплусону лаганбардорон онро туҳмат ва иғвоангезӣ гуфтанд.
Имрӯз мехоҳем факту далел биёрем, ки раднашаванда ҳастанд ва ҳамаи сокинон ва меҳмонони деҳаи Овчиқалъача аз он бохабаранд.
1.Устодону омӯзгорони МТМУ 8 бо шоҳидии худованд гуед, ки оё Бахтиёр- участковый рақами мошинаш 0104 опел сурх пайваста ба мактаб намеравад, ҳатто то журналу рӯзномаҳоро тафтиш мекунад. Устодон, роҳбари синф, директори мактаб пора медиҳанд аз 50сомонӣ то 500сомонӣ.
Талабахои мактабро бузу бузғола карда, як дигарро подстава мекунанд, бас будагист. Фарзандонатонро мард тарбия кунед, тарсуву мурғу гуспанд не!
Ҳама омӯзгорон хаста шудаанд, дигар кор кардан намехоҳанд аз дасти ин золимон.
2.Рад кунед, ки дар даруни деҳа заставаи калон насохтанд. 2 гектар заминро амниятиҳо нагирифтанд дар даромади деҳа.
Рад кунед, ки масҷиди панҷвақтаи ҳоҷӣ Мансурро ба шуъбаи амният табдил надоданд.
Рад кунед, ки барои сарбозгирӣ пода -пода дар деҳа намемегарданд?.
Рад кунед, ки Баҳодури кур хуни мардумро намакида истодааст?.
Рад кунед, ки Иброҳим язнаи Баҳодури кур сарбозшикору долягираки Баҳодур нест?.
Рад кунед, ки дар ҷамоат справка, метирка бепул аст ё ки тавассути чек додан маблағ талаб мекунанд?.
Рад кунед, ки аз ҷуйборе,  ки об менушед, памперсу хошоку собуну дигар ифлосиҳо намеояд?.
Рад кунед, ки вақти баҳор барои об чангу ҷангҷол намешавад?.
3. Аз ободӣ гап мезанед:
Дар 30 сол фақат соли 2023 ободӣ шуд. Ҳамон ҳам бошад фақат ба он хотир, ки Пешвояшон омад ба Овчиқалъача.
Ободӣ дар куҷо ва чи гуна шуд?
Тибби Равшан кушода шуд, аз тарафи Алишер як шахси соҳибкор. Ин ҳам ба фишори онки ҷоятро кашида мегирем,ӯ аз тарс сохт.
Сехи дузандагии Ёсуман аз тарафи соҳибкорзан Мадина таъмир ва ба истифода дода шуд. Ба шарте, ки иншоот ва заминро соҳибӣ кунад ва монополияи либоси мактабиро гирад. Ин сех танҳо барои либоси мактабӣ фаъолият мекунад.
Сехи истеҳсолии Шарифҷон аз тарафи соҳибкор, соҳиби иншоот таъмир ва азнавсозӣ шуд.Танҳо барои худнамоӣ. Ҳоло аз фаъолият бозмондааст.
Дар 30 соли истиқлолият як соли ободонӣ ва он ҳам дар соли 2023 руй дод. Ба факт нигоҳ кунед, ки ин ободонӣ дар чи дида мешавад:
ШВКД 2 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтанд.
Парчамро сохтанд, ки 50метр баландӣ дорад.
2 ё 3 км роҳро асфальтпуш карданд, ки тамоман харобазор буд. Илоҷи таъмир кардан надошт. Вагарна ҳамонро ҳам таъмир мекарданду асфальтпуш намекарданд.
20-30 столбаи равшанидиҳӣ насб карданд, ки ё хомуш аст ё сухтагӣ.
Аз ин зиёд чи ободӣ шуд дар деҳаи Овчиқалъача, барои мо бигуед!?
Дар як километр боло деҳаи Мақсади қиргизҳо мебошад. Деҳа ҳамагӣ 3-4ҳазор аҳолӣ дорад. Лекин ончунон дар шаб равшану фурузон аст, ки мегуӣ онҷо шаҳр бошаду деҳаи Овчиқалъача аз равшании он баҳра мегирад. Аммо аз ҳама ҷойи ҳайратовараш ин аст ки ҳамаи он равшание, ки деҳаи Мақсади қирғизҳо дорад аз барқи неругоҳи Қайроқум мебошад.
Мо, ки шаҳрвандони бошарафу бонанги Тоҷикистон ҳастем, барқ надорем.
Қирғизҳо, ки душмани мо ҳастанд дар даруни нохунак ҳам барқи моро истифода мебаранд, ҳам замини моро мегиранд. Мо инсон ҳастем, мо шаҳрванди Тоҷикистон ҳастем, ватанамонро дӯст медорем. Барои ватанамон ободиро мехоҳем. Мо мардуми Овчиқалъача, мардуми бонангу шараф ҳастем.
Мо омода ҳастем, ҳақи худро талаб кунем, мо ташнаи ҳақиқат ҳастем.
Мегуем, менависем ва амал мекунем Ин шо Аллоҳ.
Худованд тарсу бимро аз дили мардуми тоҷик бардор ва моро пирӯзу муваффақ бигардон! Омин
Ғафуров
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мехоҳам дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» бинависам. Ман дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳастам. Дар деҳаи совхози Мичурин. Дар инҷо дуздиву ғоратгарӣ хеле зиёд шудааст. Дар мактаби мо, мактаби №41 Икромова Гавҳар директор мебошад. Зани бениҳоят гушнаву ғоратгар аст. Бовар кунед, ки тамоми зоту авлодашро дар мактаб ҷо кардааст. Дар мактаб кор мекунанд. Мактаббачаҳоро бисёр ғам медиҳанд. Пули рӯзнома, пули обуна, пул барои ангишт, пул барои ҳезум,барои таъмир, барои бур….ба ҳама чиз пул мепурсанд. Аз оилаи Гавҳар Икромова 10 нафар дар он мактаб кор мекунанд. Ин деҳа ба деҳаи Овчи-қалача наздик аст. Дар Мичурин як поликлиника ҳаст барои кудакон. Сардухтури он Мавҷуда Бобоҷонова мебошад. Чунон зани баднафс аст ки аз касе сари сузан наметарсад.

Касе агар барои кор даромадан назди вай равад руирост мегуяд, ки 3 ҳазор сомонӣ медиҳӣ, баъд ба кор қабул карда мешавӣ. Мавҷуда Бобоҷонова аслан духтури занҳо-акушер гинеколог мебошад. Барои мисол як кудак бемор шаваду модар барои муоина назди вай барад кудакҳоро барои сум шуда қабул мекунад. Аз ҳар як қабул 15 сомонӣ мегирад. Дар деҳаи духтури кудак буд, Тухтаева Муҳайё. Бениҳоят хоксору ҳалолкор буд. Ана ҳамин Мавҷуда кор кардан намонд, аз кор холӣ кард ӯро. Чунки Муҳайё Тухтаева пули ҳаром намегирифт. Ҳозир Муҳайё Тухтаева дар санаторияи Равшан кор мекунад, Ин Бобоҷонова ҳам занҳо ва ҳам кудакҳоро худаш қабул карда. Ҳеҷ аз пул серӣ надорад. Ҳама коргарҳо аз вай безор шудаанд. Сину солаш ба ҷое расида бошад ҳам аслан нияти нафақабароӣ ва курсиро холӣ кардан надорад.

Дар Мичурин бисёр ҳаромкориҳо ҳаст. Инҷо холодилники давлатӣ амал мекард, онро вайрон карда заминашро ба одамон фурухтанд. Аммо ин заминҳо документ надораед. Аз ин замин даҳ оила харид. Бо суми калон. Барои ҳар кадомеаш 6 сотихӣ доданд. Ин заминро Равшан ва Аҳад фурухтанд. Чанд маротиба аз одамҳо пул ҷамъ кард, ки документ мекунам, аммо ягон санад накард. Чунки он замин аз они давлат аст.

Истаравшан

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домуллои азиз.

Рости гап аз чи гапро сар кунам, намедонам. Лекин як чизро гуфтаниям, ки раҳмат ба шумо. Ман яке аз шаҳрвандони Истаравшан ва мехоҳам яз як буз (хабаркаше) ба шумо маълумот фиристам.

Номи ин шахс Холиқов Дилшод Хуршедович соли таваллудаш 08.03.1994, зодаи шаҳри Истаравшан (Уротеппа) писари Хуршед набераи Бобои Орифи маршруткачӣ. Дилшод соли 2012 гимназияи1ро хатм намуда ба ХГУ –Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил шуд (намедонам дар кадом факултет). Баъди хатм ба мактаби Ҷарқурғон ба ҳайси муаллим 3 сол кор кард. Айни ҳол дар магазини ФОРС-пеши болнитса ба ҳайси грузчик кор карда истодааст. Адреси ин шахс ш. Истаравшан кучаи Пулод Комилов 23

Бародараш Илҳом (ин ҳам буз аст) айни ҳол намедонам чи кор мекунад. Соли таваллудаш 1995 монанди Дилшод донишгохи ХГУ-ро хатм карда 1 сол муаллимӣ кардааст.

Баъд аз ин намедонам чи кор кардааст, ё чи кор мекунад. Ман, ки аз шаҳр берун будам, хабар надорам.

Аз сабаби бузиашон мошину хонадор шудаанд. Як хоҳар дорад, соли таваллудаш 1999 ё 2000 шавҳар кард. Аз сари зиндагиаш Дилшод ва Илҳом бачаҳои дузд буданд ва дар маршруткаи бобояш пулчинак кор мекард ва аз дуздии ин кораш велике (Велосипед) харида буд, ки дар хонаи ҳамсояи ман нигоҳ медошт. Велики худро чунон оро дода буд, ки мегуӣ ин велики бачаи раис бошад. Баъди вафоти бобояш ба хондан рафт. Падараш чашми хирае дорад ва падарашам дар ин магазин кор мекунад.

Конибодом

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, муҳтарам бародар Муҳаммадиқбол!  Ташаккур, ки як номаи мо- мардуми қизғиззабони деҳаи Санҷидзор собиқ Ҷигдаликро     ба нашр расондед. Ман пешонии шуморо мебусам, бародар Муҳаммадиқбол!

Агар иҷозат дода бошед, тағйиротҳое, ки дар деҳаи Санҷидзор, собиқ Ҷигдалик сурат гирифт бароятон нависам, агар бо хато чизеро навиштам, бубахшед, бародари қанд.

Барқро аз вақти обед соати 12 : 00 то соати 15:30 мекушанд. Обро бештар медодагӣ шуданд, тақрибан 3 — 4 соат об меояд ба кранҳо.

Дар инҷо як военний част сохтанд, инҷоро ба военний городок табдиля доданд. Қумондонҳои онҷо ҳамааш аз ҷануб аст. Бародарони суғдиро онҷо кор кардан намемонанд, хеле закритий зона аст.

Ҳоло бошад, роҳи «Конибодом – Хуҷанд» ба як «американские горни ва ё ҳамон ШОССЕ» табдил  ёфтааст.

Ҳар рӯз зиёда аз 25 — 30 фураҳои калон бо суръати баланд, аз саҳар то шаб » дангар дангар» карда мегузарад.

Ин роҳ дар 32 соли истиқлолият мумфарш шудагӣ нест, аммо онҳо нигоҳ нокарда ба ин, газро топит мекунанд.

Ман якбор 3 — 4 сол пеш шабона бо як ронандаи фура ҳамгап шудам. Балони мошинаш кафида буд. Ман пурсидам: «ёрдам лозим аст?» У ба ман бо сад дурушту бо сад дағал ҷавоб дод, ки «не бра кори хдта бкн, и кор кори т нестай чи шид, бра ай пешм умуман, кори т набоша чи дорм, ма да фура, и кори шмо мғло набоша». Ман ҳамагӣ фақат ба ӯ хостам ёрдам расонам, чунки фураи ду этажаи ӯ дар пеши хонаи ман вайрон шуда буд. Аммо ӯ тарсид аз борҳои дар фурааш дошта. Намедонам дар дохили мошини ӯ чи буд?!…

Мо мардуми қирғиззабон зери зулми тасвирнопазир қарор дорем бародар Муҳаммадиқбол

Ҳоло бошад хабарҳо аз Эмомалӣ Раҳмон чунин расида аст ки у 30% ГАИ -ҳои Тоҷикистонро сокрашение кард. Мардуми Суғд хеле хурсанд шуд аз ин кор, чунки дуздони роҳ ё қароқчиҳо кам мешаванд.

Ягона кори хубаш дар 32 соли ҳокимияташ ҳамин кораш аст.

Мо мардуми қирғиз забон аз дуздони хурд яъне ба қавли забони русӣ «мелкий вор» -ҳои Ҷинни — Қум ба дод омадем. Номи яке онҳо Раҳматҷон мебошад, тақрибан 22 сола мебошад, қаддарози хароб ва таҷовузгар аст.  Аз онҷо, яъне аз Ҷинни — қум хеле дуздҳо баромадагӣ аст,  ки ба дигар деҳаҳо зарар мерасонанд.

Мо мардуми қирғиззабон чоплуси ҳеҷ кас нестем. Ба мо гуянд инқилоб кун, мекунем, ба мо гуфтанд сабур бош, сабур мешавем.Аммо дигар дар ин зулми оилаи Раҳмонов сабр кардан гуноҳ аст боварамон кунед.

Аммо ногуфта намонад, ки ҳоло мо бо туем, бародари гиромӣ. Агар ягон тавсия дошта бошӣ, бифармо. Қирғизҳои Тоҷикистон бо шумоянд ва шуморо хуб ҳам мешиносанд.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№107 появились сначала на ISLOH.net.