Архивы Сарвазир - ISLOH.net

Хистеварзиҳо: «Раҳмонов ба Қистақуз набиё, аз ту безор мо!»
Мо, истиқоматкунандаҳои  ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз омадани Раҳмонов ба ҷамоат ва ноҳияаамон безор ҳастем. Зеро ҳама, коркунони ҷамоат, духтурон, муаллимон талабаҳо ва аҳолӣ дар ташвишанд. Барои қабули як аблаҳи аҳмақ чанд моҳ тайёрӣ мебинанд, чи қадар сарфу харҷ мешавад. Бовар кунед дар дили ҳама,ҳатто кормандони ҳукумати ноҳияву ҷамоат ҳам задааст.

Аммо аз якдигар метарсанд ,боз дар байнамон «буз» набошад гуфта ҳамаи мардум аз якдигар хавф мебаранд . Қофлонбой (Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят) ин шабурӯзҳо сахт дар давутоз аст. Ба гардани соҳибкорон бор мекунад. Соҳибкоре, ки  сохтмони  ягон иншоотро ба гардан гирифта буд, аз ин кори кардааш сахт пушаймон мешавад. Чунки ба ҷои 100 1000 харҷ мекунад, қарздор мешавад .

Намедонам барои чӣ? Аммо Раҳмонов ба ҷамоати мо бисёри бад мебиёяд. Ба хотири онки сарвазир аз инҷо аст.

Соли гузашта баъди Иди ваҳдати миллӣ  Раҳмонов  ба вилояти Суғд омад. Аз аэропорт рост ба ҷамоати мо омад. Дар посёлкаи ҳафтум  як клиника ифтитоҳ кард, бо тамоми техникаҳои пешрафта. Шояд миллионҳо арзиш доштанд. Баъди рафтани Раҳмонов ҳамаи он чизҳоро бор карда гирифта рафтанд ба суи Хуҷанд. Аз кадом клиникаи Хучанд он техникаҳоро оварда будаанд. Барои аҳмақ кардани Эмомалӣ Раҳмонов. Айни ҳол онҷо мағозаи хурокворӣ,  дорухона , гуштфурушӣ  ва ғайра  шудагӣ аст. Аз он ҷо баромаду рафт барои кушодани беморхонаи сироятӣ. Ин беморхона ҳам ҳоло «хоб» аст,яъне кор намекунад. Боз рафту парчамро афрохт. Гуфта шуд, ки як миллион бештар барои он харҷ шудааст. Аммо мардуми камбизоат ҳар рӯз дар дари идораи ҷамоат, ки барояшон кумак кунанд. Танҳо дар як роҳе, ки аз он Раҳмонов мегузарад ба 45.000 сомонӣ гули мавсимӣ шинонидаанд. Ин ҳама исрофкорӣ фақат барои пешвозгирии ин Пешвои аблаҳ асту бас.

«Як деҳаи поёнтар аз мо Зарзамин ном дорад. Он пештар Қатаған ном дошт. Мардуми он деҳа заҳматкаш-соли дароз дар замин кор мекунанд. Қофлонбой Раҳмоновро ба намоиши помидор мебарад. Ва аз телевизони Тоҷикистон  ҳамонҷоро аз номи Хистеварз намоиш медиҳад. Як фабрикаи мурғпарвариро ҳам ба Хистеварз нисбат медиҳанд. Ин корҳои ҳамин Қофлонбой аст. Барои онки вай мехоҳад бо як тир ду нишон занад. Ҳам ба Раҳмонов нишон диҳад, ки вай кор карда истодааст ва ҳам ба сарвазир, ки аз Хистеварз  аст.»

Ин шабурӯзҳо боз ҳам мисли пешина муаллиму духтар талабҳоро боз дар ташвиш мондаанд, Раҳмонов боз меомадааст. Дар он кӯчаҳое, ки иншооти ҷашнӣ сохтаанд, мардум хоб надоранд. Биноҳоро ҳама бояд  ранги зард зананд. Ин кӯчаҳоро мумфарш мекунем гуфта аз халқ ба зӯрӣ пул ҷамъ карда истодаанд. Нисфашро ҳукумат медиҳад, нисфашро халқ гуфта мардумро фиреб карда истодаанд.

Вале як чизи дигарро мехоҳам бигӯям:

«Гап дар инҷо аст, ки ҳоло хеле аз иншоотҳои ба ном ҷашниро кормандони ҳукумат сохта истодаанд. Онҳо аслан соҳибкор нестанд. Коргарҳои давлат ҳастанд, ки бо пули ҳароми пора ин иншоотҳоро сохта истодаанд. Хуни халқро макида истодаанд. Масалан дар мо чанд боғчаи бачагона амал мекунад. Аммо боғчаи бачагонаи хусусӣ сохтанд, Якто ҳам не, ду то. Чунки аз  боғча зуд пул ҷамъ меоваранд. Аммо мардуми зиёде бекор аст, ягон корхонаи истеҳсолӣ сохтан намехоҳанд.»

Як заводи калон консерв буд. Садҳо нафарро бо кор таъмин мекард. Онро раиси ин завод порча – порча карда фурӯхт. Ҳамин тавр фермаи колхозро нобуд карданд. Аввал гову мол ва сипас замину худи бинои онро ба савдо заданд. Ҳама коргоҳҳову иншооти давлатиро фурӯхтанд. Заминҳои обии корамро «парник» документ карда ба мардум мефурушанд. Аммо ин ҳуҷҷатҳо қалбакианд. Ҳамаи ин бетартибиву талаву тороҷи моликияти давлатро, махсусан тиҷорати заминро Алишер Ятимов, прокурори ноҳия «кришават» мекунад. Кор то ҳадде кашидааст, ки як заминро ба ду кас ва се кас мефурӯшанд. Аслан намефаҳмӣ, ки ин чи гуна давлатдорӣ аст.

Масъалаи аз ҳама ташвишовар ин аст, ки мактабҳо дар ҳолати душворӣ қарор дорад. Дар мактабҳо қариб, ки муаллим намондааст. Азбаски маоши омӯзгор ниҳоят пасту ночиз аст, вақте дохили мактаб мешавӣ, асосан бо муаллимаҳо вомехурӣ. Вале  через ден фақат пул талаб мекунанд: барои обуна, фонд ,шикастурехт, ремонт, консерт, либоси мактабӣ ва ғайра. Боз ба талабаҳо ёд медиҳанд, ки  агар комиссия биёяд мо ба ҳеҷ чиз пул намедиҳем гӯянд. Лекин ба пул талабот сахт. Аммо масъалаи донишу савод аҳамият намедиҳанд. Муаллимаҳоро аз боло маҷбур мекунанд, ки барои консерт билет гиранд. Ба ин консерт меравӣ ё намеравӣ фарқ намекунад, муҳим пули билетро бояд оварӣ. Формаи мактабӣ аз тарафи шӯъбаи маориф оварда мешавад. Маҷбур карда мефурӯшанд. Аммо дар бозор нархи он хеле арзон аст. Директорҳо ҳамааш занҳоянд. Муаллимро бо микроскоп мебинӣ

«То ҷангу ҷидол бо қирғизҳо нарху наво дар мо арзонтар буд. Дар қирғиз  орд, равған, бензин, ангишт ва чизҳои рузгор арзон буд. Ҷавонҳо аз онҷо молҳоро ба сарҳадчиёну амниятиҳо «доля» дода ин маҳсулотро ворид мекарданд. Ҳозир ғайриимкон шуд. Газ дар мо 7уним 8 сомонӣ. Дар қирғиз 4уним 5 сомонӣ. Агар тоҷикҳо барои «заправка» гузаранд, қирғизҳо коре надоранд, аммо мақомоти мо 3000 сомонӣ ҷарима мекунанд.»

Вақти короновирус тамоми сари роҳи калонро баста, дар даромади Хитеварз як пост монда дар як шаб то 10.000 доллар кор карданд. Молҳоро қочоқӣ гузаронида «ставка»-ро зиёд карданд. Қаблан қочоқчиҳо, чун ҳамаи роҳҳо кушода буд,метавонистанд, ки аз дасти инҳо бигурезанд. Ҳоло дигар роҳҳоеро, ки ба шоҳроҳ мебароад, сахт бастаанд. Як  тарафи  роҳ тоҷик як тарафи роҳ қирғиз. Қирғизҳо диданд, ки тоҷикҳо роҳҳои худро бастаанд, пости худро бардоштанд,  роҳҳои хурдро кушоданд .Шоҳроҳро ҳам гирифтанӣ шуданд. Ҳама кор айби мақомдорони худамон.  Барои нафси худашон шуда қариб монда буд, ки роҳро аз даст диҳанд. То ҳол хархаша байни тоҷик ва қирғиз давом дорад .

«Масъалаи дигар ин масъалаи танзим аст. Ҳукумат  танзим танзим мегуяд, вале танзим тамоман риоя намешавад, бизнес шудагӣ. Хатна тӯй иҷозат нест. Лекин пешакӣ  ҷаримашаашро дода 2500ё 3000 сомонӣ иҷоза мегиранд. Ин ҳукумат аз барои ба халқ ёрӣ диҳад баракс зарар мерасонад.»

Мардуми камбизоат бошад, мардуми сарватманро дида тақлид мекунад, қарздор мешавад ва маҷбур аст, ки муҳоҷир шавад. Раиси танзими ноҳия Ҳакимов Ҳусейнхон дар вилояти Суғд чоплуси рақами 1мебошад, дар чоплусию маддоҳӣ ва лесакӣ хеле усто аст. Раҳмоновро аз падару модараш боло медонад.

Ин одам аз телевизиони вилоят зиёд баромад мекунад. Гапҳои бемаънӣ мезанад, дурӯғ мегӯяд, рӯирост хушомад мезанад, лаганбардорӣ мекунад. Ҳамроҳи Хайёмиддин дар барномаи   » Амният ва ҷомеа» ба зиёд гап мезанад. Боз муллоӣ ҳам мекунад, аз давраҳои ҷанг, аз ҳоисаҳои 30 соли пеш гап мезанад. Ин Ҳусейни танзими чашмгурусна тамоман сер намешавад. Дар рӯзҳои шанбеву  якшанбе туйу маърака зиёд мешавад,  ранги рубаҳ пайдо шуда мебиёяд, як баҳона карда пора ситонда, асаби соҳиби  маъракаро  хароб карда меравад. Барои ҳамин чоплусиҳояш медал доданд. Тамоми муллоҳоро зери даст карда гирифтааст.

» Дар ҳар намози ҷумъа муллоҳо фақат таърифи Раҳмоновро мекунанд, Барои ҳамин ҳоло ба масҷид мардум кам мераванд. Муллоҳо даъвати ба сӯи Худову Расул намекунанд. Танҳо барои як режими палид  ва роҳбари он ташвиқот мебаранд.»

Як намуд таъриф мекунанд, ки  бо тарсу ҳарос , қавм кам мондааст, ки наъузубиллоҳ ба Раҳмонов салавот фиристанд. Муллоҳо аз Худо битарсед, рӯзи қиёмат чи ҷавоб медиҳед? Он вақт Раҳмонови лаънаткарда наҷотатон намедиҳад.

Раҳмонов аз омадани ту ягон фоидае нест, ғайри зиён . Акнун ту пири фартути фарсуда шудаӣ. Гап мезанӣ, мисли Брежнев  забонат намегардад. Хайр бас будагист. 30 сол басат нест? Ин қадар нафсатро сар додагӣ, ки дунё бароят кифоят намекунад. Як бор омадиву рафтӣ заводи консервро  дидӣ. Аммо ҳоло онро пораву порча карда фурӯхтанд. Чаро намепурсӣ, ки он завод куҷо шуд? Агар  бовар накуни ин дафъа омади як пурс ҳоли заводе парда бардошта будию ифтитоҳаш намуда буди. Соли 2011 як усторо маҷбур кардӣ дар Хистеварз чойхонаи миллӣ сохту вақти омадани ту онро гӯиё фаъол кард. Ин устои бечора то ба ҳол қарзи бонкро канда наметавонад.Ту мебиёиву хурсандӣ мекуниву рақсу бозӣ. Аммо баъди ту мардум дар азоби қарз мемонад.

Барои ҳамин  мо аҳли ҷамоати Хистеварз гуфтанием, ки ҷамоати мо набиё, умуман аз ин  сафар даст каш.

Ps: Хуб чуноне медонем сафарҳои Раҳмонов аз шарқи кишвар шурӯъ шуд ва то Бадахшон расид. Ба вилояти Хатлон рафту ҳоло навбати Суғд расидааст. Бояд пеш аз сафари Аврупояш Раҳмонов ин корновал ё гастролашро ба поён расонаду ба Аврупо ояд. Ин номаи мардуми Хистеварз ба ту буд, хубаш нарав, агар рафти ончи мегянд як санҷу бубин,ки ин гапҳо ростанд ва ё дурӯғ? Ақалан он ҷое ифтитоҳ мекуни онро назорат кун, пас аз ту кор мекунад ва ё барои фиреб кардани ту ба намоиш гузоштаанд. Каме поён фаро ва аз аҳволи мардум хабаргир.

Сообщение Хистеварзиҳо: «Раҳмонов ба Қистақуз набиё, аз ту безор мо!» появились сначала на ISLOH.net.

Минбари ҷашни Истиқлол ва ё намоиши ҳокимияти “ҳамашумул”и хонаводагии Раҳмонов
Маросими таҷлил аз сивумин солгарди Истиқлоли давлатӣ  дар рӯзи 9-сентябр баҳона ва мавриде шуд, ки Эмомалӣ Раҳмонов тасаллути ҳокимияти хонаводаи  худ бар Тоҷикистон ва мардуми онро гӯш ва чашмрас  кунад.

«Болои минбари Истиқлол овардани Рустаму Озода тасдиқи ҳамин нақша ва ормони Эмомалӣ Раҳмонов аст ва дар худ ин паёму ин огоҳиро гунҷонидааст, ки миллат чи бихоҳад ва чи нахоҳад минбаъд умури давлатӣ дар дасти ҳамин се нафар аст ва ин хонавода дигар аз боло ба зер нахоҳад омад.»

Аммо умеди онро дорем, ки ин орзуро бо худаш бубарад ва он таҳаққуқ пайдо накунад.

Раҳмонов аз кай як чунин нияту нақшаро дар сар мепарваронд, ки дар канораш Рустаму Озодаро болои минбари Истиқлол бароварад, маълум нест. Ду сол, се сол ва ё шаш моҳи пеш аз таҳаққуқи он орзу. Аммо як чиз мушаххас шуд, ки ин ҳама харҷу масорифи даҳҳо миллиондолларии баргузори маросими таҷлил аз 30-солагии истиқлол,дар ин шароите,ки  кишвар дар панҷаи Ковид-19 печутоб мехурад ва тоҷикони онсӯи Ому дар бадтарин ҳолати зиндагӣ қарор доранд ва тоҷикони худи Тоҷикистон ҳамарӯза аз кишвар рӯ ба гурез   мениҳанд, тайи беш аз чаҳор-панҷ моҳ «маршировка»-заниҳои донишҷӯёну устодони онҳо ,танҳо ба ҳамин хотир будааст. Фалсафа ва мантиқи ин ҷашну ин маросим эълони ҳокимияти хонаводагии  Эмомалӣ Раҳмонов ,раиси тоҷикони дунё будааст.

«Тамоми дунё  оташ бигирад, сел шуста барад, дар рӯи замин як тоҷик на дар он сӯ ва на дар ин сӯ боқӣ намонад, чизе нест, аммо бояд, ки  Эмомалӣ Раҳмонов, Рустами Эмомалӣ, Озодаи Раҳмон дар сари қудрат бошанд. Нағз зиндагӣ кунанд, нағз хуранд, нағз  хобанд, нағз  пӯшанд, нағз ҳокимият кунанд.»

Аз минбари майдони ҷашни Истиқлол нишон ва намоиш додан ба ин шаклу шева дурусту дақиқ ҳамин паём ва ҳамин маъноро дорад, ки

«ман болои сари шумо дигар танҳо нестам ва ҳамроҳи бачаву духтарам ҳастам ва ман ҳокимиятро барои худ ва аъзои оилаи худ «приватизатсия»  кардаам. Бефоида Қонуни асосиро тағйир надодам».

Дар ҷаласаи бахшида ба истиқлолият дар кохи Борбад чунин гуфт:  «Ман аз ҳамаи онҳе, ки дар солҳои вазнин, бо ман ҳамкорӣ карданд, дар паҳлуи ман буданд, бениҳоят миннадорам. Ва ба ҳар яки онҳо камоли умру давлати пирӣ орзумандам. Умри дароз бинанд, ҳар як кадоматон. Ман  ягонтаи шуморо фаромуш накардам, ягон каси шуморо фаромуш накардам. Доим ба ёд меорам, дар ҷаласаҳои ҳукумат ,дар ҷамъомадҳое, ки мешаванд, пурсон мешавам. Якчиро мегӯям, давлатдорӣ ҳамин аст, дар кор бекаму кост намешавад. Ҷомиа худаш ҳамин аст. Дар як оила панҷ фарзанд бошад якеш маслиҳати падару модара на он қадар вай мекунад. Ҳамин хел ҳаст. Лекин дар давлатдорӣ  ман ончики кардам иззати нафси ягон, онҳое, ки ба ман кор карданд, нарасидам, то тавонистам хизматҳои шуморо қадр кардам. Агар накарда бошам, зиёнам нарасидаст….Маргда розӣ шудан даркору хиёнат кардан даркор не. Хиёнатро на банда мебахшад на худо».

Бо ин суханонаш Эмомалӣ  Раҳмонов  ба гардан гирифт ва иқрору эътироф кард, ки ба «онҳое,ки дар паҳлуяш» буданд, номардӣ кардааст. Зеро ҷойи онҳоро гирифту ба бачаҳояш дод. Вагарна, барои мисол Маҳмадсайид Убайдуллоев ҳамсоли худи Раҳмонов аст. Чаро Раҳмонов барои худ «камоли умру давлати пирӣ орзу» накарду ӯро «пенсия» гусел кард? Бале, барои онки Рустамро оварад ва «санги асос»-и бинои ҳокимияти хонаводагиро бигзорад. Барои ҳамин вақте мегӯяд,ки «Ман  ягонтаи шуморо фаромуш накардам», 100% дурӯғ мегӯяд. На инки фаромуш кард, балки аз саҳна ба дур андохт ва онҳоро бо фарзандонаш иваз кард. Онҳоеро, ҳам, ки барои ташаккул, устуворӣ ва бақои ҳукумати Раҳмонов ҷони худро сипар карда буданд. Ҳатто мижааш хам намехурад вақте меӯяд, ки ба «иззати нафси шумо нарасидам».Чи гуна ба иззати нафси онҳо нарасидӣ, ки Ёқуб Салимовро 15 сол турма кардӣ ва ҳамин ҳоло ҳам Ғаффор Седой дар зиндон асту ӯро раҳо нахоҳӣ кард. Боз аҷибаш дар инҷост,ки навор бардор дар ин вақт Маҳмасаид Убайдуллоев,ки дар сафи пеш нишаста буд гашта баргашта ӯро ба навор мегирад.

«Ҳатто хиёнате ба ҳамин “Фронти халқӣ”еки туро ба қудрат расонид карди. Ин дафъа аз корҳои гузаштаат намегуем. Ҳамин чанд рӯз қабл Нур Фақир ва Маҳмади Хирсро дар ҳамдасти бо Хуҷа Карим боздошт ва пушти миллаҳои зиндон фиристоди. Ин ҳама ба хотири чист ? Дигар бароят ҳеҷ касе мҳим нест ҷуз бақои ҳукумати “оилашумул”и худат ва ин ҳам як далели ошкори ба иззати нафси дигарон расидан ва фаромӯш карданҳои ту аз хидматҳое бароят дар гузашта кашида буданд. Акнун фаҳмиди чихел дурӯғ мегуед дар назди миллат ва мардум ва сурх намешавед?»

Ба ин ишораи мармуз ва маккоронаи ӯ таваҷҷӯҳ фармоед: «якчиро мегӯям, давлатдорӣ ҳамин аст, дар кор бекаму кост намешавад».

Давлатдорӣ ин аст ки дар вақти сахтиву тангӣ нафарон дар барат бошанд ва вақте шароити осонтар ва роҳаттар пеш омад онҳоро пеш куниву ба ҷояшон фарзандони худатро оварӣ? Вақте мегӯӣ,ки «зиёнам» нарасидааст, магар шарм намекунӣ, изо намекашӣ? Беномусиву бешарафӣ то куҷо боло гирифтааст, ки дар баробари мардум меистӣ ошкоро дурӯғ мегӯӣ?

“Магар як тарафи сулҳро, Иттиҳои нерӯҳои оппозитсион, аз ҷумла ҲНИТ, ҲДТро аз саҳна барканор кардан хиёнат ба сулҳ, хиёнат ба ватан, хиёнат ба миллату давлат нест?”

Агар сулҳу ваҳдат дастоварди бузурги замони истиқлол аст чаро он дастовардро камранг ва беарзиш кардӣ? Фақат ба хотири онки ҳокимияти хонаводагӣ ташкил бидиҳӣ? Ҳама қурбон ва қурбонии Рустаму Озода бояд бишавад?

Чаро имрӯз дар канорат Достиев нест, Убайдуллоев нест, Ғаффор Мирзоев нест, Ёқуб Салимов нест, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода нест, Муҳиддин Кабирӣ нест? Магар инҳо барои сулҳу ваҳдат нақш надоранд ва надоштанд?

Убайдуллоевро баъди аз кор пеш кардан ҳатто узви Маҷлиси Миллӣ намондӣ, ба ягонҷо сафир ҳам таъин накардӣ.

Вақте Зайд Сайидро аз Маскав Раҳмонов овард ба ӯ дасти мардӣ дод, ки то ман ҳастам ту дар ҳукумати кор мекунӣ, аммо имрӯз ӯ дар кунҷи зиндон аст. Мумкин аст Убайдуллоевро дуъои Зайд Саид гирифта бошад,ки ба ӯ ваъдаи дурӯғ дод ва ӯ баргашт ба ватан. Имрӯз он нафрин ҳамнишини Убайдуллоев шудааст.

«Харҷу масрафи ин ҷашни Истиқлол, ки гуфта мешавад аз 30 миллион доллар бештар будаастро магар намешуд сарфи корҳои зарурӣ ва ногузир кард? Мо дар бораи онки Раҳмонов ҳеҷ гоҳ қонунҳои худаш имзокардаро рияо намекунад, аз ҷумла Қонуни танзими расму анъанро, ки тӯю азои мардумро маҳдуд кард, чизе намегӯем. Аммо чаро ба худи Раҳмонов иҷозат аст, ки ин ҳама пули халқро ба боди фано бидиҳад, ҳатман хоҳем гуфт.»

Тибқи маълумотҳое ба “Ислоҳ” расидаанд дар мавриди освишение рушнои ва салюту ин қабил тадорукот мутахассисонро аз Русия даъват намуданд, ки масрафи онҳоро 450 ҳазор доллар ва пурра масорифи 25 нафарро барои 25 рӯз пеш аз ҷашн тасфия ҳисоб намудаанд. Нархи як чиптаи ҳавопаймо 5500 сомонӣ,то ба Маскав барои як шаҳрванди кишвар. Аммо барои як ҷашни дурӯғини “Оилашумул”и Раҳмонов 30 миллион долларро агар ба 500 ҳазор оилаи камбизоат онро тақсим мекард ба ҳар оила тақрибан 700 сомони мерасид. Ҳадди ақал барои як моҳ бештар мардум сер мемонанданд. Акнун ин пулро масраф кард чи шуд? Мардум серу пур ва хушу розиянд? Инҷо ҷуз аз қудратнамоӣ ва нишондодани қудрати ҳукумати “Оилашумул”аш кори дигаре набуд.

Барои як кишвари кӯчак ва фақир,ки мардумонаш нони даҳонашро аз муздурӣ дар Русия пайдо мекунад, ин ҳам ҳамҳамаву воҳима чи даркор аст?

Бубинед, ки  аз ду сол қабл ҳар рӯз аз омодагӣ ба ин ҷашн гуфта мешуд ва онро дар расонаҳо, шабакаҳои телевизионӣ ва ҷамъомаду ҷаласаҳо  дар назари мардум барҷаста вонамуд мекарданду агитатсия мебурданд. Мо шоҳиди садҳо навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ будем, ки мардуми кишвар новобаста аз ин ҳама ташвиқот намедонистанд рӯзи истиқлоли Тоҷикистон кай аст? Ҳатто хабарнигор мепурсад 9 уми сентябр чӣ рӯз аст, бархе тамоман намедонистанд ва бархе аз  онҳо суханоне мегуфтанд, ки шарми бинандаро меовард. Чаро чунин буд? Чунки мардум намедонанд, ки онҳо мустақил шудаанд ва аз тасаллути кишваре ва ё мустамликаву ғуломӣ  раҳо шудаанд. Зеро онҳо ҳамоно ғуломи русанд ва беш аз ин ғулому бардаву каниз ва марди кори оилаи пурҷамъияти Раҳмонов ҳастанд.

«Раҳмонов дар  ин ҷашн ва ҷашнҳои мушобеҳ  ягон бор нагуфт, ки Тоҷикистон истиқлоли давлатиро аз куҷо ва аз кӣ ба даст овард? Мо то замони истиқлол зери султа ва контроли кадом давлат будем. Раҳмонов ягон бор нагуфт ва ҳеҷ гоҳ ҳам намегӯяд, ки вай муқобили Истиқлоли Тоҷикистон буд.»

Насли ҷадиди кишвари мустақил аз куҷо истиқлол ёфтан ва раҳо шуданро намедонад. Ҳеҷ олиму таърихнигор ва зиёии ин миллат мустаъмараи кадом давлат будани Тоҷикистонро нанавишт. Чаро? Касе аз Тоҳири Абуҷаббор муаллифи Эъломии Истиқлолият ва аз Қадриддин Аслонов, муаллифи имзои ин санад ёдоварӣ намекунад.

Раҳмонов гуфт: “Ман, халқамро  ватанамро миллатамро дӯст медорам.”

«Агар халқу миллатаро дӯст дорӣ чаро солбасол шумори муҳоҷирони корӣ меафзояд? Чаро ҳазорҳо нафар дар Аврупо дар ҳоли паноҳандагӣ қарор доранд? Чаро ҳоли миллате иддаъои дӯстдори аз онҳо менамоӣ туро дӯст намедоранд? Миллат вақте дӯстдории президент ва эҳтироми ӯ нисбаташонро диданд ӯро дӯст медоранд ва эҳтиромаш мекунанд. Ҳама онҳое дар наздат суханрони мекунанд онҳоро КДАМ омода карда баъдан сухан меронанд. Вагарна онҳо ҳам ба ту нафрат доранд. Инро касе ба ту намегуяд ,мо мегуем ,то бидони ин ҳама спектакл ҳастанд ва ту ба ин тавсифҳои дурӯғине аз ту мекунанд аслан бовар накун!»

Рӯзи 7 сентябр дар тамоми марказҳои навоҳиву шаҳру вилоёти кишвар паради низомӣ баргузор шуд, ки ҳатто муаллиму табибу донишҷӯҳоро маҷбур кардед барои худ лиобси ҳарбӣ дӯзонанд ин ҳама ба хотири чӣ?

Роҳҳои Душанбе барои ин маросим барои чанд рӯз баста шуда буд.

Портетҳои Раҳмонов болои сар, ки 80% аксҳои ӯро дар даст доштанд ва аз баландгӯи минбари маросим, лаҳза ба лаҳза нашри иқтибосҳо аз Раҳмонов, зикри мукаррари таъбири ибораҳои чоплусонаи марди хушиқбол соҳиби истиқлол, созандаи истиқлол, Пешвои муаззамаи миллат, намои зоҳирии ин раҳпаймоиро нишон медод.

Тамоми корхонаву муассиса, вазорату кумита, коргоҳҳо, донишгоҳҳову омӯзишгоҳҳо, хуллас тамоми сокинони Душанбе дар даст шиору транспорант бо масрафи садҳову миллионҳо сомонӣ аз назди минбар рад мешаванд. Ин анбӯҳу издиҳоми чандҳазории мардум, ки 7-8 соат  соат барои гузаштан аз назди минбар саф задаву навбат мепоянд, сахт мондаву хаста шудаанд. Аммо бояд барои қонеъ сохтани талаби як Диктотур бояд болои пойҳо истод бишаванд ва ҳаракат кунанд. Магар ин мардум, ки  дар зери минбар қадам заданду ба самти Эмомаливу Рустаму Озода дастафшонӣ мекунанд мисли Эмомалӣ Раҳмонову Рустаму Озода дар қасру кӯшкҳоянд ва савори мошинҳои  садҳо ҳазордолларӣ ва дар айшу ишратанд?

Падар ва ё як бародари донишомӯзе, ки беш аз ним сол дар маршировка буд аз муҳоҷирати меҳнатӣ барои ӯ пул фиристод, ки сарулибос бихарад, пойафзол бихарад то аз назди Раҳмонов рад бишавад.

«Воқеан ҳам сари одам сахт мемонад. Як нафаре, ки мегӯяд пул надошт то ҷасади бародаршро аз Украина оварад ва ҷурғотро бо шир омехта карда мехӯрд, имрӯз ин корҳо карда истодааст. Мардуми тоҷик ин гунаҳоро «бетаҳ» мегӯяд, «бехуд» шудааст, ё «маст» шудааст мегӯянд. Чунки бардошта наметавонад. Гузаштаи худро фаромӯш карда аст.»

Агарне чаро Раҳмонов худу бачаҳои худро аз дигарҳо боло гузошта истодааст? Дар ҳоле, ки тамоми сарвату дороиҳояш аз они ин мардум аст. Вай ҳоло ба як «паразит» бадал шудааст. Дар вай дигар ҳеҷ аломати презилент боқӣ намондааст.

«Саволи дигар ҳам ин аст ки ҳоло Рустамро овардӣ, овардани Озода ба чӣ хотир аст? Гуфтаниӣ, ки дигар ҳама тамом шудааст ва «ҳама» фақат ту астӣ? Яъне бо инки ҲНИТро баста кардӣ, тамоми халқи Тоҷикистонро бастӣ? Ҳоло дигар бачаатро овардӣ, духтаратро овардӣ, дар 31 солагӣ, шояд занатро меоварӣ дар 32 солагӣ боқии бачаҳову духтарҳоятро (кошки кам бошанд-9 кас ) дар 33 солагӣ домодҳои бешуморатро?»

Ҳамаи мақсадат ҳамин буд, ки дрон оварӣ, раҳпаймоӣ ташкил куниву  реҷа равонӣ, нишон диҳӣ, ки акнун ҳокимият дар Тоҷикистон хонаводагӣ шудааст. Ҳоло як роҳбари ҷавонро тарбия карданамон даркор гӯиҳоят ҳамин аст ки ин роҳбар бояд аз хонаи ту ва бачаи ту бошад?

Минбари ин ҷашнро ба ҳайси як шити таблиғӣ, як тахтаи рекламаи бузургу сартосарӣ истифода кардӣ. Ва ҳоло соат пушти соат пахши ин ҷашн дар шабакаҳои телевизионӣ ба хотири он аст,ки мардум турову Рустамро ва инак ҳоло Озодаро ҳазм кунанд?

Дар кишваре, ки мардум барои қути лоямут ҷон  мекоҳонад, ин корҳо ба кӣ хуш меояд? Дар воқеъ  ин ту ҳастӣ, ки номус надорӣ, шараф надорӣ, шарму ҳаё надорӣ, хиҷолат намекашӣ.

«Ҳамаи буду шуди ту ҳамин аст. Мардум бояд «ҳа» гӯяд, ки ту ҳукмрониро ба бачаат бисупорӣ. Ва, агар гӯяд,ки не, ин кори ношуданӣ аст, ту номаъқул кардаӣ, ки як наркоманро бароямон раис мегузорӣ, гӯяд чӣ? Пас, ин мардум хиёнат кард. Ту чаро худатро муродифи давлат ва ватан мешиносонӣ ва мефаҳмонӣ?»

Ту мегӯӣ, ки бояд шукрона кунем.Чаро? Аз онки туву  ҳокимиятро дар муштат гирифтаӣ? Гӯр бар сари ҳокимият. Ҳатто одитарин  ҷойҳоро, ки сабаби ризқи дигарҳо бошадро ҳам кашида гирифта истодаӣ.

Дар кони ангишти Канте ва Зиддии Айнӣ Шамсуллои домодат ва Ҳасани додарарӯсат чи мекунанд?

Дар кони ангишти Назарайлоқ Бег Сабури қудоят чи гум кардаст? Кони тиллои Шугновро чаро ба Амриддин Нахшови ҷиянат ва  Зоири домодат доаӣ?.Зумрату Шоамбариву Хоҷаобигарму….ҳамаро чаро Зоир хусусӣ кардааст?

Ин руихат беохир аст. Тамомӣ надорад. Чаро бояд  бозори Панҷшанбеи Хуҷандро Ҳасан бигирад ва бозори Қурғанро Зоир?

«Хуллас, таблиғу  талқини ту ин аст ки мардум шукрона кунад, шукрона кунад, ки ту дар пушташ фона зада истсодаӣ? Туву аҳли авлодат бою бадавлат шавед аз ҳисоби молу мулки мардум ҳатто телехату шофёрат, замину замони мардумро кашида гирад, боз ин мардум шукрона кунад. Чар ва аз чӣ шукрона кунад? Шукрна кунад, вагарна «ҷанг мешавад»?»

Мақсадат аз шукрона кунед,ки ҷанг мешавад ин аст,ки агар шукрона накунед ҳукумати “оилашумул”ат мардумро мекушанд? Мардум мусалмонанд ва шукронаи Холиқашонро мекунанд ва аз туи золим нафрат доранд ва аз ту ба Аллоҳ паноҳ мебаранд. Ту ғазаби Аллоҳ болои ин мардуми, медонем қотилу одамкуши вале ин ҳама оғозу ниҳояте дорад.

Як бор раву дари сафорати Русияро бин, ки  барои гирифтани шаҳрвандии Русия навбат чанд километр аст? Чаро?

Ҳоло, агар мард ҳастӣ ва агар бо ин мардум ҳастӣ, бигӯ, ки дар 20-солагӣ, дар 25 ва 30-солагии истиқлол чи миқдор маблағ сарф кардӣ ва ин пулҳо аз куҷост? Ва ҳамин тавр барои Наврӯзҳоят, барои Рӯзи Ваҳдату Рӯзи Конститутсия?

«Аз 5 касе, ки дар минбари маросими 30-солагии истиқлол истода буданд,3 нафари онҳо аъзои як хонаводаанд. Болои минбар овардани  Қоҳир Расулзода ва дар канори Озода «чухт» доштани ӯ ва ҳамин тавр Маҳмадтоир Зокирзода дар канори Рустам «ҳамту» -«ради галочка» буд. Аслу асос ин буд, ки бубинед ҳукумат ва ҳокимият дар дасти мо аст, мо бо шумо чи хеле хоҳем муносибат ва бархурд  хоҳем кард, чунки  шумо ғулом ва канизи мо ҳастед.»

Тамоми фикру андеша ва нақшаву нияти Раҳмонов  дар ҳамин минбари маросими 30-солагӣ бори дигар аён ва рӯшан шуд. Вай бо ин халқ нест ва ҳама ҳадафу мақсадаш ин аст,  ки то мурдан дар сари ҳокимият бошад ва ҳокимиятро  хонаводагиву авлодиву меросӣ кунад…

Боз шарм надошта ба “Толибон” ултиматум мемонад, ки ҳокимияти “ҳамашумул”ро ташкил кунед, то шуморо шиносем. Як бор ба ҳокимияти ташкил намудаи худат диққат додаи? Боз Толибон ҳокимияти “Паштуншумул” ташкил намудаанд, на ҳукумати “Оилашумул” мисли ту. Ҳамеша пеш аз як баёния додан ва интиқод кардан аввал якбор гиребони бӯгини худро бӯй каш, ки бӯйи чи мекунад. Инчунин мо ҳар ҳарфу ҳиҷои туро хуб диққат медиҳем…!

Бубинем, ки чӣ хоҳад шуд…

Сообщение Минбари ҷашни Истиқлол ва ё намоиши ҳокимияти “ҳамашумул”и хонаводагии Раҳмонов появились сначала на ISLOH.net.

Сафари 1млн $ пешво ба Ворух, қочоқчиёни оила ва контрабандаи тиҷорати сарвазир
Исфара, ноҳияи мардони бонангу номус, ки имрӯзҳо дар чанголи номуайянӣ ва ноумедӣ қарор дорад, новобаста аз мушкилоти бар сараш боршуда ҳамоно барои Эмомалӣ Раҳмонов ва хонаводаи гушначашми вай яке аз ҷойҳое ба ҳисоб меравад, ки дар тиҷорат ва даромадҳои зиёде дорад. Тиҷорати хонаводаи Раҳмонов дар Исфара аз ғасби корхонаҳои Низомхон Ҷӯраев, яке аз сарватмандон ва тоҷирони номии ин ноҳия  тавассути Ҳасан Асадуллозода, шурӯъ шуда буд. Хонандаи ҳушманди “Ислоҳ.нет” аз моҷарои ба  сари Низомхон Ҷӯраев ва парвандаи машҳури исфарагиҳо огоҳӣ дорад. Он солҳо танҳо барои онки корхонаи кимиёвӣ ва корхонаи тавлиди спирт (спиртзавод)-и ин ноҳияро, ки Низомхон Ҷӯраев бо сарфу харҷи худаш навсозӣ карда буд, бигиранд 33 нафар исфарагиро ба солҳои тулонӣ маҳкум ба зиндон карданд. Бархе аз онҳо дар маҳбас ҷон доданд. Худи Низомхонро ба ваъдаву фиреби зиёд чанд соли баъд аз хориҷа оварда боқимондаи дороиву корхонаҳояш, аз ҷумла фабрикаи ҷуроббарории Душанберо гирифта ба номи Таҳмина Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмонов гузаронида боз ҳам мусоидат карданд,ки “фирор” кунад.

Айни замон “Зумрад”-Исфара беҳтарин осоишгоҳи куҳии Осиёи Марказиро Маҳмадзоир Соҳибов, домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов бо як пули пучак гирифта ва ба манбаи бойшавии худ табдил додааст. Бахши умдаи кормандони ин осоишгоҳро феълан намояндаҳои маҳаллу минтақаи ба ҳамаи тоҷикистониҳо маълумташкил медиҳанд. Сокинони Исфара дар инҷо аҳёнан кор мекунанд. Мудири осоишгоҳу табибону ҳамшираҳои шафқату ҳатто посбонҳо ҳамагӣ афроде ҳастанд, ки гӯиши онҳо бо лаҳҷаи мардуми инҷо тафовут дорад.

Бадтар аз ин, бархе аз корпусҳои ин осоишгоҳ ҳоло ба амбори молу колои тиҷоратии Маҳмадзоир ва Шамсуллои ҷиянаш, яке дигар аз домодҳои Эмомалӣ Раҳмонов табдил шудааст. Аз ин бадтар ба истилоҳ ин амборҳоро Маҳмадзоир барои дигар бизнесменҳо ба иҷора додааст. Инҷо ҳоло ба амбори маводди мухаддир ва дигар маҳсулоти қочоқии инҳо табдил шудааст. Ин молу маҳсулотро аз тариқи марзи Қирғизистон ворид ва содир мекунанд. Осоишгоҳро, гӯиё навсозӣ ва обод карда истодааст. Аммо баъди омадани ин омадаҳо нархҳо ба осмон баромад. Мудири осоишгоҳи  Зумрад Ҳалимов Абдумумин    одами  бовариноки  Маҳмадзоир ва Озодаи Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмонов ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи  президент  мебошад. Тавассути ин одам онҳо Исфараро идора карда истодаанд. Ҳам дар масъалаи кадрҳо ва ҳам дар масъалаи тақсимоти замин пулу ришваро тавассути ҳамин мудири осоишгоҳ ба дасти Озода Раҳмон мерасонанд.

Сафари Раҳмонов ба Ворух чӣ пайёмаде дошт?

Баъди сафари Эмомалӣ Раҳмонов ба Исфара авзоъ дар марз бо Қирғизистон на танҳо дар ин ноҳия, балки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам рӯ ба бесуботӣ оварда хеле пуршиддат шудааст. Қирғизҳо барои мардуми Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дарғоти обро бастанд. Боз ҳам наздик буд, ки ҷангу хунрезӣ рух диҳад. Аз ин ҷост ки сокинони Исфара ва Бобоҷон Ғафуров ва бахусус аҳолии Ворух ва Овчӣ-Қалъа аз ин сафари Раҳмонов тамоман норозианд. Баъди онки Раҳмонов аз маркази Исфара то ба Ворух тавассути вертолёт     омад, мардуми инҷо ба якбор ба пушт зад, ки чаро раиси ҷумҳуриашон натавонист бо роҳи заминӣ биояд, бо ҳамон роҳе, ки садсолаҳо ворухиҳо равуо доштанд. Балки аз тарси қирғизҳо вертолёти Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Пешвои миллат  дар иҳотаи боз чаҳор вертолёти дигар аз Исфара то Ворух расид. Раҳмонов дар Ворух бо қисме аз аҳолии аз қабл омодашуда вохӯрӣ гузаронд. Аммо, аз он сабаб ки ин мардум барои рафтан ба маркази ноҳия ва боқии ҷаҳон мушкилоти сахт доранд, аз Раҳмонов рӯирост дар бораи роҳ пурсиданд. Ва, чанд навбат бо садои баланд: Роҳ, Роҳ ҳам гуфтанд. Аммо Раҳмонов худро ба нофаҳмӣ андохта ба тарафи раиси ҷамоат мегӯяд, ки таъмири ин роҳро ман бар ӯҳда мегирам ва харҷи он аз ҳисоби Фонди президент мешавад. 20 километр. Раҳмонов таъмири роҳи даруни худи ҷамоатро бар ӯҳда мегирад, дар ҳоле, ки сокинони башӯромада бо онки бо як овоз: Роҳ, Роҳ, Роҳ мегуфтанд манзурашон роҳи мустақим ва мустақили миёни Ворух ва Исфара аст. Ҳоло ин роҳ аз тарафи қирғизҳо масдуд шуда ва ба маҳзи он  Ворух “де-факто” анклав шудааст. Ҳозир қирғизҳои имтидоди ин роҳ дар даромад ва баромади маҳалл ва рустоҳои хоку шағал рехтааанд, то тоҷикҳо нагузаранд.

Манбаъи мо аз КДАМ ба Ислоҳ чунин афзӯд: рӯзе Раҳмонов ба Ворух меомад.

“депутати маҳаллӣ Ғафурҷон Ҷураев дарди мардуми Ворухро дар назди Раҳмонов мегуфтанд. Ба мо чунин маълумот расид ва мо соати 7 саҳар занг зада ба Ғафурҷон Ҷураев гуфтем агар аз хонаат баромади вазъиятат хело безеб мешавад. Мо аз он варақе дар дасти шумо ҳаст ,аз муҳтавои он маълумот дорем ва он варақро даронда парто.Пас аз он ба Раиси ҷамоат Меҳринисо Раҳматова кормандони мо расониданд,ки агар пурсад ҷаноб ҳам гӯед шумо бояд дастҳоро пеши бар карда ҳама хуб аст гӯед!”

Манбаъи дигари Ислоҳ аз Ворух чунин гуфт:

“чанд муйсафед мақсад доштанд мушкилотро дар назди президент гӯянд. Аз мақомот омада ҳама он ҳафт муйсафедро дар якҷо ҷамъ карда барояшон гуфтанд,пешво рафт пас аз он шумо озод мешавед. Ба мо фармон омад,шумо иғвогарон ҳастед ва набояд ,то рафтани пешво озод гардед”

Чуноне ҳама шоҳидед дар навор Раҳмонов аз раиси ҷамоат хонум Меҳринисо Раҳматова мепурсад раиси ҷамоат ,муаллима чи мушкилот аст натарс гап зан ,аз раиси вилоят ва раиси шаҳр натарс,кати ман гап зан: Меҳринисо Раҳматова бо садои ларзон пешворо хайру мақдам гуфту ҳисобот доданро шурӯъ кард…

Агар наворро мушоҳида карда бошед президент аз раиси ҷамоат мепурсад беморхона доред? Бале мегӯяд ,чанд кат дорад ? 70 кат дорад,хело хуб. Баъд пешво мегӯяд мана имрӯз маро 15 духтарак пешвоз гирифт ман ҳамаи он духтараконро бо худам мебарам. Боз механдаду мегӯяд,ки мебарам дохил мекунам ба донишгоҳ. Оқибати он духтаракон ба хайр бошад,хуб фикр кунед қабл аз фиристодани духтараконатон…

Масрафи ташрифи пешво 11 миллион сомонӣ ё 1млн $

Манбаъи Ислоҳ ,ки дар бахши тадорукоти сафари Раҳмонов ба Ворух фаолият мекардааст афзуд.

“ман ба масрафи чархболҳо коре надорам,чун аз онҳо огоҳие надорам. Аммо танҳо гулҳое дар пушти минбари баромадашро омода намудем бо худи минбар, мизу курсиҳои махсӯс ва ҳайкали он истиқбол 8 миллион сомонӣ ихтисос дода буданд. Гулҳо ҳамааш зинда ва аз хориҷ оварда шуда буданд. Боқӣ монда масориф, то омадан ва гуселаш,сарбозон,муҳофизат, ки як моҳ пеш шурӯъ шуда буданд се миллион сомонии дигар ихтисос дода шуда буд. Ман намегуям ин маблағ масраф шуд,ин миқдор маблағ аз буҷаи кишвар ҷуд шуда буд ва дигар худатон хулоса намоед, ки маблағ ба ин тарафу он тараф рафт… Агар бо масрафи чархболҳо ҳисоб кунем яъне метавон бигӯем як миллион доллар дар ин сафар ҷудо  шуда буду ба боди фано рафт.”

Акнун хонандаи гиромӣ худатон хулоса намоед,ки ин як миллион долларро ба Ворух медоданд ва онро воқеан дар онҷо масраф мекарданд чӣ тағйироте дар Ворух мешуд? Ҳар рӯз аз Ворухиён пул мепурсанд барои ину ону роҳ кушоён. Дар ҳоле аз буҷаи кишвар як миллион доллар барои як сафари бе моҳият ва бе маъно масраф карданд. Боз ончи аз тоҷирон ва мардум барои ин сафар пул гирифтанд ҷойи худаш.

Тибқи мушоҳидаи хабарнигорони ҳамроҳи Раҳмонов ба Исфара сафаркарда дар бархе аз деҳоти марзӣ шумори автозаправкаҳо аз шумори аҳолӣ бештар ба мушоҳида расидааст, ки гуфта мешавад танҳо харидори он тоҷикҳоанд. Инҷо қирғизҳо аз ҳисоби тоҷикҳо даромад доштанд, аз ҷумла ширкати “Фароз”-и Шамсулло Соҳибов ҳам бо даҳҳо аз чунин автозаправкаҳо ҳамкории тиҷоратӣ доштааст. Як нафар аз огаҳони ин тиҷорат гуфтааст,ки қисме аз ин автозаправкаҳо бо пули “Фароз”-и Шамсулло Соҳибов ҳанӯз дар солҳои 2010-2011 сохта шуда будааст ва як сабаби асосии забондарозии қирғизҳо ва забонкутоҳии тоҷикҳо ҳамин силсилазаправкаҳои Шамсулло Соҳибов дар деҳаҳои наздии марзии Қирғизистон будааст.

«Аммо бо вуҷуди ин ҳама ташаннуҷи авзоъу аз тарси қирғизҳо бо вертолёт омадани Раҳмонов ба Ворух чи хеле гуфтем тиҷорати Эмомалӣ Раҳмонову домодҳояш Маҳмадзоиру Шамсулло Соҳибовҳо ва низ Зарифбек Давлатов дар ин марз идома доштааст. Бесабаб нест, ки Қамчибек Тошиев, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон таъна зад, ки намегузорад тоҷикҳо як литр бензин ва як мисқол маҳсулоти ғизоӣ аз кишварашро бидузданд. Ин таъна ва неши он ба самти Раҳмонов нигаронида шуда будааст.»

Тибқи мақоли “гӯр сӯзаду деғ ҷӯшад” ҳамин ҳоло ТАҶЕРО-и Зарифбек Давлатов шабу нимашаб аз ин марз маҳсулоти қаннодии сохти русиро аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид карда истодаасту равуои қочоқчиёни маводди мухаддир ба амборҳои осоишгоҳи Зумради мутааллиқ ба Маҳмадзоир Соҳибов аст, хеле зиёд шудааст.

Шамсулло Соҳибов дар Исфара на танҳо ба қочоқи молу коло машғул аст ва танҳо аз ҳамин ҳисоб манфиат мебинад, бали кони ангишти овозадори Шӯроби Исфараро низ ба тасарруфи худ даровардааст. Бо вуҷуди ғасби ин кон ва фурӯши ангиштсанги он соли дароз ягон рӯз аз ворид карани ангишти қирғиз даст набардошт. Имсол нархи ангишт дар ин кон аз 350 то ба 700-750 сомонӣ баланд шуд. Шамсулло ангишти қирғизро тавассути ноҳияи Ҷаббор Расулов бо нархи арзон харидорӣ карда ҳамчун ангишти Шӯроб фурӯхт.   Нархи ангишти қирғиз як баробар арзон аст. Манбаъи мо аз Шуроб афзуд:

“Дар даврони Шуравӣ мо шахтаҳоро тахта гузошта мекофтем ва он меистод.Аммо ҳоло бошад,барои он ки масраф кам шавад онҷое лозимаро мекобем ва боз ҳамин тахатҳоро гирифта ба дигарҷо мезанему кор мекунем. Ниҳояташ чи мешавад намедонем. Ин соҳиби ҳозираи кони Шуроб аслан дар фикри бештар фоида ба даст овардан асту халос. Аслан дар фикри ободкорӣ ва барои ояндаи ин кон ҳеҷ аҳаммияте намедиҳад. Аммо мо чун аз ин ҷо ҳастем диламон ба ин сарвати зери заминӣ ва ояндаи он хунҷигарем,аммо чикор кунем соҳиби кон ба шумо маълум аст,ки кӣ ҳаст”

Дар ин кори Шамсулло Беҳрӯзи домоди Муроди телехи Эмомалӣ Раҳмонов  ба вай кумак карда доду гирифт бо қирғизҳоро ташкил ва назорат мекунад.

Бубинед, дар ҳоле,ки дар ин ноҳияи шахтаи собит ва ё кадом кони ангиште вуҷуд надорад ва ҳама медонад, ки ин ангишти қочоқии Шамсулло Соҳибов аст ки аз Қарғизистон ворид кардааст.Аммо дар баромадгоҳи ноҳия кормандони Гумрук, коррупсия, литсензия ва ғайра истода аз ронандаҳои мошинҳои борбар ҳуҷҷати ангишт, барои мисол растаможка мепурсанд. Ронандаҳо ва нафароне, ки аз ин ангишт харидорӣ кардаанд, дар ҳайратанд, ки чаро қочоқчиёни аслӣ-яъне Шамсулло Соҳибовро касе «ғам» намедиҳад вале харидорони аз ин қочоқчиҳоро азоб дода, ҳатман аз онҳо пул мекананд. Дар паси ин бозии пулканӣ ҳам Беҳрӯзи домоди Муроди телех меистодааст.

Дар матолиби қаблӣ дар бораи Беҳрӯзи домоди Мурод Саидов, телехи Эмомалӣ Раҳмонов, ки дар вилояти Суғд, махсусан дар Исфара ва марзи он  бедод мекунад, батафсилтар гуфта будем. Ин ҳолатро ҳам бояд хотирнишон созем, ки  дар  сарҳади  Исфара  на  фақат  домоду  духтарҳои  президент, одамони  Қоҳир  Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ҳам  ба  қочоқ  сару  кор доранд.

«Дар Суғд як  корхонае ҳаст бо номи Файзи Расул. Ин  корхона  дар асл   корхонаи  шахсии  Қоҳир  Расулзода аст, аммо  бо номи  ҷиянаш  ҳуҷҷатгузорӣ шудааст. Расул номи падари сарвазир аст. Барои ҳамин  Файзи Расул  ном мондаанд. Қоҳир  Расулзода, замоне,ки  раиси  вилояти  Суғд буд,  дар  маҳаллаи Хизтеварз  як кӯчаеро бо номи  падараш  гузошт. Файзи Расул аз шир фаровардаҳои ширӣ истеҳсол карда дар тамоми қаламрави вилоят ва то пойтахти кишвар ба фурӯш гузоштааст. Ба хориҷ аз кишвар, бахусус ба Қирғизистон ҳам содир мекунад. Тавлидоти ин корхона, аз қабили ширу ҷурғоту қаймоқу сметанаву дигару дигар ба Қирғизистон аз тариқи сарҳади Исфара ва қочоқӣ содир карда мешавад. Дар қочоқи маводду маҳсулот сарвазир ҳам шарик аст.»

Тақрибан 5 сол молу маҳсулоти Файзи Расул хапу дам, бидуни садо ба қирғизҳо фурӯхта мешуд. Аммо чанд вақт пеш Беҳрӯзи домоди Муроди телех 5 тонна маҳсулоти ширӣ ва гуштӣ (ҳасиб)-ҳои Файзи Раслуро дар марзи Чоркӯҳ ҳангоми интиқол ба Қирғизистон дастгир кард. Беҳрӯз дафъатан ба Муроди хусураш занг зада мегӯяд, ки вай 5 тонна маҳсулот  сарвазирро дастгир кардааст. Дар инҷо гапи муроду сарвазир сахт мегурезад. Мурод гӯиё сарвазирро контрабандист гуфта бошад. Гап дар инҷо аст ки маҳсулоти корхонаи Файзи Расул ба Ӯзбакистон аз тариқи нуқтаи марзии маъруф ба Плотинаи ноҳияи Спитамен (Нови собиқ) низ аз рози қочоқ фурӯхта мешудааст. Дар ин нуқати марзӣ ҳам Беҳрӯз роҳи қочоқи сарвазирро намоён кардааст. Гуфта мешавад бо ин фошкориҳои тиҷорати ғайриқонунии сарвазир Беҳрӯз қасд доштааст, ки мақоми сардори Оҷонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғдро бигирад.

Домоди Раҳмонов дар  роҳи Конибодом-Хуҷанд-Исфара тарозуи пулҷамъкунӣ мемонад

Ва дар охир як хабар барои мардуми  Исфара ва  Конибодом. То ҷое ба мо маълумот мерасад дар роҳи Конибодом- Хуҷанд ширкати пулчинаки IRS-Ҷамоллиди Нураливе,муовини аввали раиси Бонки Миллӣ ва домоди дигарии Эмомалӣ Раҳмонов, тарозу  сохта  истодааст. Гуфта мешавад, ки роҳи Конибодом -Хуҷандро ҳам  пулакӣ мекардаанд. Тибқи маълумотҳо дар роҳи Конибодом- Хуҷанд 3 тарозу мешудаст ва дар  роҳи Исфара- Конибодом -Хуҷанд 1 тарозу ва ҳамин тавр аз Исфара то Хуҷанда 4 тарозу  мешудааст. Сохтмони терминали тарозу дар  баромади  маҳаллаи Кучкак ва даромади маҳаллаи Маданият, рӯбарӯи қаҳвахонаи Баҳор  идома дорад.

Ончуноне маълуматон шуд Исфара ва мардуми он ба луқмаи даҳон ва ба даромади муфти Эмомалӣ Раҳмонов ва хонаводаи вай табдил шудааст. Агарчанде, ки аз ин марзи муҳимми кишвар даромадҳои ҳангуфт ба даст меоварад, наметавонад ва натавонист, ки роҳи миёни Исфара ва Ворухро бикушояд.

Сообщение Сафари 1млн $ пешво ба Ворух, қочоқчиёни оила ва контрабандаи тиҷорати сарвазир появились сначала на ISLOH.net.