Архивы «Шабакаҳои тақсимоти барқ» - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №216
Ҳодисаи хунини ахир дар зиндони Ваҳдат мисли ҳаводиси мушобеҳи дигар, то замоне, ки Раҳмонов сари қудрат ҳаст, ифшо намешавад, нокушода боқӣ мемонад. Чунки ин кори ташкилкардаи худашон аст.

Раҳмонов нишон дода истодааст, ки ҳамчунон шикастнопазир ва устувору мустаҳкам аст. Вай афкори умумиро намегузорад, ки барои дигар чиз машғул шавад. Вай гуфтанӣ аст ки агар дар фикри инқилобу тахриби интихобот ҳастед, ҳолу рӯзатон ҳамин аст, ки дар зиндон ба амал баровардам. Вай нафаронеро ҷудо карда кушт, ки имкон дошт баъди раҳоӣ дар фикри интиқом шаванд ва бо мухолифин бипайванданд.

Мехоҳад он тарсу ваҳшати худро, ки баъди тағйирот дар Сурия дар дилаш ба вуҷуд омадааст дар руҳу равони мардум ҷо кунад. Чунки тамоми фалсафа ва пирамидаи сохтааш, зерсохтори идеологияш фуру рехт. Вале боз ҳам талошҳояшро ба харҷ дода истодааст, ки онҳоро-муборизинро террорист нишон диҳад. Сохтааш, бунёду боварҳояш аз даст рафт. Террористҳое, ки мегуфт давлатҳоро гирифтанд.

Вай аз онки як нафар новӣ (Сайфиддин Тоҷибоев), нафари аз шимоли Тоҷикистон, нафри узви ҲНИТ дар ҳайати ҳукумати Сурия мақом касб кард, то пойи ҷон дучори ваҳшату даҳшат шудааст.

Аммо ҳоло қудрат дорад, бояд онро истифода барад.

Раҳмонов ҳарчи ёфт, ҳукумат, молу мулк, идораи оилавӣ аз зур ва куштору зиндонкуниҳояш ёфт. Танҳо дар баробари зур тан медиҳад. Ҳамин зур имрӯз омад. Ҳамин зуре, ки Раҳмонов аз вай метарсад, метарсид ва душмани ҷонаш меҳисобад. Ва ин зур ислом ва неруҳои исломӣ аст. Вай тамоми ин муддат талош карда буд, ки неруҳои исломӣ ва худи исломро маҳви физикӣ кунад. Ва гуё муваффақ шуда буд. Таълимоти исломиро манъ кард.

Аммо мебинад, ки ин зур –ҲНИТ дигарбора меояд. Ҳамоне,ки як бор фуки Раҳмоноворо ба замин молид ва ҳукуматро аз дасташ гирифт.

Бубинед, ки фабрика аз нав ба фаъолият сар кардааст. Дар долонҳои ҳукумат суҳбат аз он рафта истодааст, ки ҳодисаи Ваҳдатро ба пойи ҲНИТ бипечонад.

Раҳмонов хуб медонад, ки мардум аз вай хаста ва ба ҷон расидааст. Ва ҳаргуруҳе, ки муқобилаш хезад, чи расад ба неруҳои исломӣ ва ҲНИТ, ки ин таҷрибаро дорад, муқобилаш бархезад, мардум ҳамроҳиаш мекунад. Мардум омода ба тазоҳурот, омада ба хезиш бар зидди Раҳмонов аст.

Мардум дарназари аввал ором аст. Аммо ҳамачиро огоҳ аст, мебинад ва мефаҳмад.

Инки мардум дида истодаст, ки Раҳмонов қадам бақадам, ваҷабаваҷаб тамоми дороиҳои миллату мардумро ишғолу забт карда истодааст, фақат худашу оилаашро дида истодааст ва ончики террористу экстремист мегуяд, ва ончики ҲНИТ душман аст мегуяд, дуруғи маҳз аст.

Барои ҳамин бояд бо як роҳу намуде, мардуми омодашуда ва дар ҳоли хезишро дар ҷояш шинонад. Бояд вокуниш мекард ва нишон медод, ки вай имкон намедиҳад, ки мардум сар боло бардорад ва ҳодисаи Ваҳдат ҷавоби Раҳмонов ба мардум аст.

Дар номаи аввали ин нашри барнома як нафар аз муаллифон ҳам ба ҳамин нукта таъкид кардааст, ки ҳадафи асосии Раҳмонов шикасти руҳияи бедор ва безоршудаи ҷомеа аст:

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман дар чанд номаам пештар ба шумо хабар дода будам, ки мақомот кадом нақшае барои зиндонҳо кашида истодаанд. Аз чандин вақт пеш дар байни баъзе аз мансабдорони баландпояи мақомот гап гап буд, ки бояд ягон фитнае барпо шавад. Ин корро маҳз барои Мансур Умаров карданд. Ин як зарбаи безеб шуд барояш.

Аз руи маълумотҳое, ки нашр карданд, гуё бо кордча нападение кардаанд. Аммо, тамоми фактҳо далел аст ки ин кори сохта аст. Инҳо, барои онки ба мақсадашон бирасанд, фақат мекушанд.

Чанд рӯзи пеш, аниқтараш рӯзи 3 феврал дар минтақаи Рашт дар мақомоти дохила ҳамаи фаъолони минтақаро фарёд карда, сахт ҳушдор доданд, ки ҲНИТ дар минтақа нооромӣ карданист. Ин гапҳо ҳамон рӯз буд: «Баччаҳоятонро назорат кунед, мардумро дар масҷидҳову дигар ҷоҳо ҷамъ карда ҳушдор диҳед. Ба гапҳои террористҳо, ба гапҳои Муҳаммадиқбол наравед. Онҳо террористанд,онҳоро давлат оварда турма мекунад. Ба онҳо ҳамроҳ нашавед»

Маълум аст ки сахт тарсидаанд.

Нав боз маълумотҳои дигар расид. Айбро ба гурӯҳи Шохаи Хуросон бор када истодаанду ба ҲНИТ часпонданианд. Гуё аз кадомеаш телефон ёфтаанд. Ва, он нафар аз тамошобинони барномаҳои шумо будааст.

Ин қадар ҲНИТро сиёҳ карданд, аммо дилашон орому қарор нагирифта истодааст. Ҳоло ҳам аз ҲНИТ метарсанд. Беҳуда дар Рашт маҷлис нагузарониданд. Маҳбусҳоро кушта дар шапкаҳояшон байрақи ИГИЛ часпонда сурат гирифтанд. Як манбаъ аз МВД гуфт, ки ин корҳоро, ки дар турмаи Ваҳдат карданд барои тарсонидани мардум ва мухолифон мекунанд. Мардумро метарсонанду мухолифонро бошад ба он банд мекунанд.

Моҳҳоии охир мухолифон сахт мардумро дар дилашон як алангаи инқилобиро бедор карда истода буданд. Барномаҳои такондиҳанда ва бедоркунанда мекарданд мухолифон. Акнун, ки онҳо барои бойкоти интихобот даъват карданро сар карданд, ин ҳолати ташкилкарда, онҳоро ба муддате ҷалб мекунад.

Мансур Умаров дар ҳайрат, ки чаро маҳз ҳозир? Вақте ки тағйироти кадрӣ сар шуда буд. Барои онки дар зиндонҳо ва аз ҷумла зиндони Ваҳдат болои ҳам чандин бор «шмон»- яъне кофтукоб дар дохили баракҳо гузаронданд ва чизе наёфта буданд.

Юсуф Рахмон гуфтааст, «ки о саги пир,о ҳароме. И ҳароми сахт кор мекна. Ма медонистм, ки и ай қафои кормандони ҳама сохтору мақомоту вазорато кор мекна. Меқапа ягонташа, сразу крючокда мешнонаш.Агент мекнашон то вақти даркорира. Дар Прокуратураи Генералӣ бисёриҳора агент када буд. Ҳаму гапои марам, ки ма Президента бульдог гуфтам, через агентош ба Муҳаммадиқболда ҳаму рои кадагияй».

Юсуф Раҳмон СС.Ятимовро дар назар дорад.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман як муроҷиат дорам ба Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вай. Агарчи медонам, аз ин дуздиҳои руирост ва ғорати мардум худи ҷаноб хеле хуб бохабар аст.

Муҳтарам Ҷаноб, чи хеле худи шумо дар баромадҳоятон мегуед дуздии руирост идома дорад ва ба одати муқарраӣ ва доимӣ дар миёни мақомот ва махсусан арсаи барқ  табдил шудааст.
Ман дар бораи дуздӣ, ғорат ва ба чашми мардум хок пошидани фирмаи «Кайфа» гуфтаниам. Ин фирма якҷо бо шабакаҳои «Тақсимоти барқ» ба татбиқи як лоиҳа дар бораи бозсозии ин арса шуруъ кардааст ва бар тибқи ин барнома бояд трансформатор, симчубҳо-столба, счетчикҳо-ҳисобкунакҳо иваз карда шаванд. Маблағи лоиҳа 60 миллион сомониро ташкил мекунад. Аммо фирмаи «Кайфа» фақат счетчикҳои 40 ампера насб карда истодааст. Боқии хароҷоти пешбинишуда  дуздӣ мешавад. Ин фирма ва шабакаҳои «Тақсимоти барқ» бояд счетчикҳои 100 ампера насб кунанд. Вале инҳо счетчикҳои 40 ампераро ба ҷои 100 ампера шинонида маблағҳоро дуздида истодаанд ва аз ҳоло ин счетчик-ҳисобкунакҳои насбшуда сухта истодааст.
Дар асл ин корро бояд ҳамин фирма мекард. Дар амал бошад онро шабакаҳои «Тақсимоти барқ» анҷом дода истодааст.

Шартномаи фирмаи мазкур бо шабакаҳои «Тақсимоти барқ»-ро ба ҳеҷ кас нишон намедиҳанд.

Ман саддарсад бовар дорам ва шаҳодат медиҳам, ки аз ин корҳо муовини Сарвазир ва вазири энергетика хеле хуб огоҳанд. Аммо дар байни кормандон инро овоза кардаанд, ки гуё насби счетчикҳои 40 ампера ва эконом ва дуздидани пулҳо бо супориши Рустами Эмомалӣ шуда истодааст ва барои ҳамин касе тафтиш ва санҷидан наметавонад. Чунки фирмаи «Кайфа» аз Рустам будааст.

Муҳтарам Ҷаноб ба Агентии зидди коррупсия ва Прокуратураи генералиат дастур деҳ, ки боз барои ин ҷиноят ва хиёнат баччаҳоро дело ва ҷаримаву зиндон накунад. Баччаҳо ин корро аз пеши худ намекунанд, супориш иҷро карда истодаанд.
Бинобар маълумоте, ки мо дорем дар филиали шабакаҳои «Тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе Ашуров Саидамир дар шуъбаи ҳисоббаробаркунӣ сардори шуъба мебошад ва 1000 адад санади ҷаримавиро дуздидааст, ки на камтар аз 1 миллион сомонӣ рӯпуш шуда истодааст.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман ин номаро ба шумо фиристода хоҳиш ва илтимос мекунам, ки ҳарчи зудтар нашр намоед, то пеши ин ғорати руирост гирифта шавад. Дар ҷои дигар ин номаро нашр намекунанд. Ку, бубинем, ки Раҳмонов ва мақомоти дузди вай, махсусан Ҳабибулло Воҳидзода, Прокурори нави генаралӣ коре аз дасташ меояд ва худи Раҳмонов аз ин дуздӣ ва мардумфиребӣ ҷилавгирӣ мекунад?

Саломат бошед!

Нуробод

Ассалому алейкум бародари азиз Муҳаммадиқбол. Ман аз деҳаи Сияҳоб. Дар бораи як ҳодиса гап мезанам. Маълумот дар бораи мақомоти золими ноҳия дорам.

Эшони Қутбуддин аз деҳаи Турмуш дар бозорҳо ва рӯзҳои ҷумъа дар пеши масҷиди деҳаи Хумдон китобҳои динӣ ва тасбеҳу ҷойнамоз мефурӯхт. Ӯро кумитаи амнияти ноҳия тамоми китобҳо, ҷойнамоз ва дигар чизҳои барои савдо дошт ҳамаашро гирифт ва чанд суми дигаре пора гирифтан. Ӯро сахт танбеҳ доданд, ки бори дигар китобҳои динӣ, тоқиҳои сафед ва шиорҳои динӣ фурушӣ туро ҳамчун пешбарандаи наҳзатӣ дело мекунем.

Бубинед, ки нисбати як муйсафед, ки синусолаш аз 75-сола боло аст, чунин корро карданд. Агар дар сари мардҳо тоқии сафед бинанд ё ки ҷелак яъне яктаҳ ӯро нисбаташ протокол менависанд на кам аз 2000 сомонӣ, канда мегиранад. Худо ҳалок гардонад ин золимҳоро.

Зиндаву сарбаланд бошед, муборизони роҳи ҳақ.

Айнӣ

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз Айнӣ ҳастам, аз қишлоқи Фатмев. Кадом бародаре аз ин қишлоқ як маротиба ба шумо нависта буд. Аммо ба он шахсон чизе нашуд, чунки ҳама коргарони ин ноҳия чи милисаву амнияту прокурор порахуру ҳаромхур ҳастанд, аз ҷумла раиси ин ноҳия.

Барои чанд мактаб фундамент сохтанд, чанд мактаби дигар дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Аз тарафи маориф меоянд ба ҷои ин камбудиҳоро бартараф намудан як ҳафта инҷо хоб мераванду муаллимонро қарздор мекунанду мераванд.

Ба куҷое арзу шикоят накунӣ бефоида аст. Чунки ҳама одамони худашон ҳастанд,  аз ҷумла котиби қишлоқ як номард номаш Почоев Турсун, ки бузи сиёҳи тайёр ва баъди он Нарзуллоев Ҳасан, писари Мутеулло, ки падараш пеш аз ин вазифа кору фаъолият мекард. Ин Мутеулло аз худаш то 7 писару чанд наберааш, то ҳол Аллоҳ шоҳид ягонтоашон ба хизмат нарафтаанд ва корашон танҳо мардуми Фатмевро фурӯхтан аст.

Мактабҳо дар ҳолати садамавӣ, болницаҳо ҷои алоқаи ҷинсӣ, корхонаҳои давлатӣ ҷои порахурӣ шудааст ва ман хитоб ба Раҳмонови валадузино мекунам. Эй хуки ҳаром ту ба ноҳияи мо барои кушодани туйхона набиё, туйхонаи туро ягон фоида нест, ту ба мо мактаб рост кун. Ба мо мардуми ноҳияи бошарафи Айнӣ илм зарур аст, на рақсу бозӣ. Ту ба мо роҳ дуруст кун. Ту ин муаллимони бесаводи аҳмақатро, ки аксарият мардум аз пушти муаллиму духтуру милисаву налог туро бад мебинанд, ки албатта решаи ин ҳама аз беилмист, дафъ кун, участковыйҳо барои қишлоқи Фатмеву Испағну Гузари бод ҷанг мекардаанд, ки ман шаваму  ҳарчи тезтар соҳиби мерседес шавам. Охир ин чи беадолатист.

Дар қишлоқ дигар гаштан намешавад, ҳар як қадаматро хабар медиҳанд. Ман хитоб ба шумо мекунам, эй бузҳои Фатмев:- Бахтовар, Шарифбойи беимон, Бунафшаи ҳаромгард, ту камтар бо участковый шпили вили куну аз Аллоҳ битарс, оқибати ҳамаатон вой аст.

Ин шо Аллоҳ инқилоб наздик аст ва ҳатман Ҳақ ҷояшро мегирад. Раиси тоза таъини Айнӣ акои Рӯзибой Раҳимзода  умедворем ба ин мушкилоти мардуми Фатмев камтарак ҳам бошад диққат медиҳанд. Мо натиҷаашро ҳатман ба Ислоҳ менависем, ягон тағйирот шуд ва ё не!

Нуробод

Ассалому алейкум домулло Муҳаммадиқбол! Ман ҳам аз деҳаи Сари Қоши ҷамоати деҳоти Хумдон  мебошам. Боиси хурсандӣ аст ки аз ҷамоат ва аз деҳаи мо ба шумо менависанд. Ман дар бораи бузҳои деҳаамон маълумот медиҳам. Яке аз онҳо як инсони наҷису палид бо номи Саидҷон Каримов аст. Ин ноинсон тарбия надорад. Дар деҳа нисбати калонсолон шухиҳои бе маънӣ мекунад. Саидҷон бо ҳамроҳии Хуҷа Асоев, ки ин ҳам бузи номдор ва устои мошин мебошанд, бузӣ мекунанд. Агар касе мошинашро барои таъмир пеши инҳо барад, қисмҳои эҳтиётии мошин:- домкрат, насос ва дигар қисмҳоро медузданд.

Каримов Муҳаммадраҳим амаки Саидҷон мебошад. Муҳаммадраҳим якчанд сол пеш садақа кард ҳамин Саидҷон уро ба участковый фурухт. Участковый омад 400 — (чорсад) сомони Муҳаммадраҳимро беҷарима гирифт. Саидҷон бо раиси маҳалла ва Ибод як сепочка ва гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ҳастанд.

Баҳриддин Асоев, раиси маҳалла дар масҷид маҷлис мегузаронд. Ӯро Худо раҳматӣ қорӣ Абдузамон Каримов ва Муҳаммадраҳим Каримов ход намедоданд, медонед барои чи? Барои онки ин Баҳриддин Асоев пулҳоеро, ки аз ҳисоби муҳоҷирон ва аз ҳисоби мардуми деҳа барои ободии масҷид ҷамъ мешуд, чи хеле мехост харҷ ва нобуд мекард.

Ва барои шикаст додани қорӣ Абдузамон ва Муҳаммадраҳим Баҳриддин чи кор кард? Абдузамон Каримов Аллоҳи меҳрубон ҷаннатулфирдавсро ҷояш кунад, омин. Давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ Абдузамон гуреза шуда ба Афғонистон меравад ва аз онҷо ба Эрон ва ба Покистон ва дар ин кишварҳои зикршуда таълимоти динӣ мегирад. Барои ҳамин Баҳриддин Асоев ба воситаи кумитаи амнияти Нуробод ӯро ҳамчун наҳзатӣ ва террорист гуфта бисёр ғам медиҳад. Хуллас, Абдузамон як бародари дигараш ҳоҷӣ Абдуҳаким ном дорад -падари Саидҷони буз, бубинед, ки мегуянд «аз оҳан … меруяд» яъне аз ин авлоди бо ору номус ва Худотарс чунин Сайчик ба дунё омадааст. Каримов Абдуҳаким бо собиқ сардори раёсати кумитаи амнияти ноҳияи Рашт рафиқ буданд. Ба воситаи ин корманд корҳои Абдузамонро тинҷ мекунад ва ба Русия ба мардикорӣ меравад. Якчандсол пас ба Тоҷикистон бармегардад ва аз бемории қанд аз дунё мегузарад. Ин Баҳриддин Асоев боз Каримов Муҳаммадраҳимро мехоҳад бишканад. Чи гуна Муҳаммадраҳимро мешиканад?

Муҳаммадраҳим Каримов тақрибан 25-сол пеш бо раҳматии Резвонов Баён ҷанҷолашон мешавад. Резвонов Баён падари Сайраҳмон Резвонов бо тахаллуси девнаи Саяк ва Резвонов Субҳон бо тахаллуси Симак баъзеҳо Симбо мегуянд ӯро. Резвонов Баён осеби сар дошт. Як маротиба дар садама сараш осеб бардошта буд. Вақте Баён бо Муҳаммадраҳим қад ба қад мегиранд ва азбаски зимистон ва роҳ ях буд Муҳаммадраҳим аз пойҳои Баён мекашад. Баён ба пушт  дар замини ях сараш зада ба ҳалокат мерасад. Мақсади Муҳаммадраҳим куштан набуд, нохост ва саҳван шуд ин воқеа.

Мақомотҳо Муҳаммадраҳимро мебаранд, дело мекунанд ба суд равон мекунанд. Суд корро саҳван гуфта решений мебарорад. Ва аз ҳамон сол то соли 2010 Муҳаммадраҳим ба Резвонов Ҳанон писари калонии раҳматии Баён ҳар моҳ 100-(сад) долларӣ медод, ҷуброни саҳви кардааш.

Соли 2010 Баҳриддин Асоев бо РШВКД дар минтақаи Рашт барои шикаст додани Муҳаммадраҳим сухан як мекунад. Баҳриддин Асоев ба писари раҳматии Баён Субҳон Резвонов бо тахаллуси Симак маслиҳат дода ӯро мегуяд, ки Муҳаммадраҳим падаратро кушт, чаро ту даъво надорӣ?  Ин Симаки раққос мегуяд, ки ман даъво дорам. Бовар кунед рамазон буд, дар ин моҳи шарифи рамазон дар адои намози таровеҳ будем, намозро хондему аз масҷид баромадем. Ин Симак арақ нушидаву маст, дар дасташ корд ба тарафи Муҳаммадраҳим ҳамла мекунад, ки ӯро мардум меқапанду халос мекунанд. Аз даҳонаш чи гапои қабеҳе, ки намебарояд, наъузубиллоҳ.

Баҳриддин Асоев бошад саҳарӣ ӯро фарёд мекунаду мегуяд: «Симбо ин корро накун хута ҷавобгар мекунанд».

Баъд Баҳриддин Асоев бо Симбо сухан як карда аризаи даъвоӣ ба РШВКД аз болои Муҳаммадраҳим Каримов пешниҳод мекунад, ки падарамро кушт, даъво дорам.

Мақомот Муҳаммадраҳимро даъват карда сахт таъкид мекунанд, ки туро аз нав дело мекунем, турма мешинонем. Рафта аз раиси маҳаллаи деҳа характеристика биёр. Бубинед, ки чи мақсад аст инҷо. Бояд Муҳаммадраҳим донад, ки Баҳриддин хари калони деҳа аст, тавба.

Муҳаммадраҳим хату савод надорад, ки бигуяд эй кормандони мақомот решенияи ин кори гузаштаро, ҳамон давра суди Дарбанди пешина, ҳозира Нуробод ҳал карда буд. Боз дубора чи  хел дело мекунед. Қисса кутоҳ пеши Баҳриддин меояд. Баҳриддин ба ӯ мегуяд, ки рав Зайдулло Мирзоев характеристика менависад, биёраш ман имзо ва печаташ мезанам. Ин Баҳриддин худаш хату савод надорад, ки як характеристика нависад. Ӯро хело кашола медиҳанд Муҳаммадраҳим, баъд бо миёнаравии ҳамин Баҳриддин сад долар ба Резвонов Субҳон бо тахаллуси Симаки Симбо ва 400-(чорсад) доллар ба уголовникои РШВКД минтақаи Рашт медиҳад, ҷонаш халос мешавад.

Баҳриддин Асоев таъриф мекардааст, ки дидед корашро худам ҳал кардам.

Ин Асоев Баҳриддин ва Ёғиев Ибод аз деҳа як чанд ҷавонро ба зиндон равон карданд, ки онҳоро номбар мекунам.

1)Қувватов Талабшо, ки бангдона барои доза гирифтан истифода мебурд, ӯро ҳамчун парваришгари ин мавод дело ва тюрма кардан се сол шишт авф шуду баромад. Падари Талабшо Қувватов Шариф барои бунёди сохтмони чойхона пул супоридагӣ набуд, аз сабаби камбизоат буданаш. Баҳриддин Асоев дар ҳар маҷлис ва дар маъракаҳо, ки дар ҳамин чойхона мегузашт, ӯро номашро мегирифт, ки Қувватов Шариф пули чойхонаро насупоридааст. Ӯро як маротиба дар чойхона гирён кард ва ӯ гуфт ман шароит надорам: «ҳамату шароити мана медонед, бачам да маҳбас, зану кудаки ӯро ки мехуронад, магар шумо инро намедонед». Ба худо қасам гирён шуд, аз чойхона баромада рафт.

Тобистони он сол ҳамон чойхонаи деҳа сухта хокистар шуд. Бори дуюм баччаҳои муҳоҷир барои сохтани  чойхона боз пул ҷамъ карда ба Баҳриддин равон карданд. Баҳриддин бошад пулро хурд нобуд кард. Бори сеюм мардуми деҳа ва баччаҳои муҳоҷир пул ҷамъ карданд ва барои бардоштани сохтмони чойхона Одинаев Абдуқаюмро интихоб карданд. Одинаев Абдуқаюм пулро гирифту рафт ва тамоми масолеҳи сохтмониро хариду бо тариқи ҳашар чойхонаро сохтанд ва ба истифода дод.

2)Маҷидов Темур аз хизмат гурехта ба Русия рафт ва аз онҷо ба язнааш Ибод Ёғиев пул равон карда гуё Ибод ба воситаи собиқ началники милитсияи Нуробод делои Темурро бекор кардааст. Темур аз Русия ба Тоҷикистон меояд ва як чанд вақт бепарво мегардад. Ба умед, ки язнааш корашро ҳал кардааст, Баҳриддин Асоев бо собиқ прокурори ҳарбии ноҳияи Рашт номашро зикр мекунам Маъруфхон кент буд ва Темурро ба воситаи ҳамин прокурор ба маҳбас равон кард. Асоев Хуча баччаи акаи Баҳриддин Асоев аз хизмат фирор карда буд ба воситаи ана ҳамин Маъруфхони прокурор делояшро дар авф туғрӣ кард ва озод гашта истодааст.

3)Асоев Баҳриддин Соҳибов Сорбонро, ки ҳамсояаш аст чанд сол пеш барои онки  гуё аз хонаи Баҳриддин дуздӣ кардааст ӯро ҳам доғи судӣ кард ва суди маҳаллӣ карданд.

Баҳриддин Асоев ба мисли пешвои гандапираш ин вазифаро ба ҳеҷ кас намедиҳад. Мегуфтааст, ки писари калониям Эҳромуддинро оиладор кунам, ин вазифаро бу ӯ медиҳам, Худоё тавба.

Ин Баҳриддин як ғулом дорад- Давлатов Фозил бо лақаби «Зубил», гову моли Баҳриддинро каҳу об медиҳад, мисли ғулом аст.

Ибод Ёгиев ба мисли падари нораҳматиаш мебошад. Номи падараш Шоҳ буд. Давраҳои шуравӣ як духтари ноболиғи синфи 8-умро таҷовуз мекунад ва он духтар кудак таваллуд мекунад, Шоҳро дело мекунанд.7-сол тюрма мешинад. Худатон бидонед, ки таҷовузкорон ҳолашон чи мешавад дар тюрма.

Хуллас аз тюрма мебарояд. Боз кораш бузию арақнушӣ, бениҳоят менушад, ки дилаш мезанаду ҳаром мемурад. Боз вайро ҷаноза карданд.

Ҳамин Ибод мисли падараш аст, суханчин ва буз.

Э, ҷанобони бузҳо шумо номарди ноинсон ҳастед. Аллоҳи зулҷалол ҳалокатон кунад, омин.

Дар охир ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки номаҳое, шумо нашр карда будед дар бораи ин бузҳои номдор, ба Худо қасам, ҳамаи мардуми деҳа дар ҳақи нависандаи он номаҳо ва дар ҳақи муборизон дуъои хайр мекунанд.

Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро навиштааст, аммо Ин шо Аллоҳ ҷавонони бо нангу номуси ноҳия китоби ҳамаи бузҳо ва шахсоне, ки криша доранду мардумро озор медиҳанд менависему ба «Ислоҳ» мефиристем. Бовар кунед нав фаҳмидем мо ки танҳо бо навиштани ҷиноятҳои ин ҷинояткорон метавонем муборизаро оғоз кунем ва ояндааш дигар маълум аст.

Қубодиён

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ман аз ноҳияи Қубодиён ҷамоати Утақара Назаров деҳаи Бошкала Зарипов Акрам Эргашович. Ман маъюби гурӯҳи 2 мебошам. Ман ба дасти дуруғи мошенникҳо афтидам. Инҳо оилавӣ ва группавой мошеникҳо будаанд. Ин хонаро акаву додаронам харида дода буданд, ки ҷигари маъюби мо азоб накашад.

Тойиров Акмал Ураливич, Гулмурзо Урал ва модараш Асад моро ба дуруғаш бовар кунонда хонаи моро ба номаш гузаронида ба банки Тавҳид монда ва як мошини Лексусро монда ба миқдори панҷсаду ҳаштод ҳазорр сомониро гирифта ба дасти модараш ва падараш медиҳаду онҳо аз Тоҷикистон гурехта меравад. Аммо ин нарафта мо ба ҳамаҷо муроҷиат кардем:-ба президент ва Прокурор генералӣ ва дигар мақомот. Ягонтоаш чора надиданд. Аммо дина суд моро фарёд кард. Суди Шаҳритуз ба мо гуфт, ки банк мегирад ва мефурӯшад пули ӯро ба банк мемонад, аммо онҳо пулро гирифта аз Душанбе хона гирифтанд. Онҳо бизнесмени калон мебошанд. Аммо мои инвалидро бехона монданд.

Ба мо ёрӣ диҳед хонаамонро баргардонда гирем. Аммо онҳо бо хусурбаччаи президент шиноси сахт буданд, ба Ҳасан Асадуллоев, прокурор, суд ва милитция ва 6-ой отдел. Аммо ман намедонам ба кадом тараф муроҷиат кунам. Ин хонаи ман дар ноҳияи Шаҳритуз, ҷамоати Талбак Садриддинов, деҳаи Лолазор 4 воқеъ аст. Документи хонаро ба писарам ва занам ваъдаи калон дода «хонаро документ карда медиҳам» гуфта розӣ карда мегиранд. Ман аз ин чизҳо хабар надоштам. Як рӯз ман ҳуҷҷати хонаро пурсидам. Ва сипас аз ин чизҳо хабардор шудам. Бачаам Шаҳром ва занам Улфатмоҳро сарзаниш кардам. Аз ин чизҳо хабардор шудам. Ҳамин шаб баҳона карда Акмал меояд бо ҳамроҳии Оят, ки коргари 6-ой отдел мебошад, ваъдаи калон дода меравад. Аммо чи коре карда ҷодугарӣ мекунад ва маро ба ин кор розӣ карда аз банки Саноат Содиротбанк сад ҳазор мегирад. Маро ва тағояш Турдимуродро шоҳид карда ба ман ваъдаи калон доданд. Раиси бозори Марказӣ Мансур ҷураи наздики ман аст. Барои бизнес ҷои бисёр мегирем ва бизнеси калон мекунем гуфта ба дили ман даромада ҷой гирифт.

Агар илоҷаш бошад хонаи моро ба мо монаду падару модараш акаву додараш ва группа будагияш пули банкро ситонида гирад. Мо камбағалонро ба ҳоли худамон гузарад. Ин хонаро акаву додаронам гирифта дода буданд.

Ба мо ёрӣ диҳед аз барои Аллоҳ. Акмал дар қишлоқ 5 хонаи ҳавлӣ дорад ва гову гусфанди бисёр ва мошинҳои бисёр дорад. Гапи он мошеникҳо бо банкҳо як ҳастанд. Раис банки Тавҳид Муҳиддин-писари Ҳасан Асадуллозода ва раиси банки СаноатСодиротбонк Далер мебошанд. Ин мошеникҳо бо суд ва прокурор ва бо милитсия саломалейк мебошанд.

Муҳаммадиқбол аз барои Аллоҳ, ин номаи маро чоп кунед. Илтимос, агар ягон хато навишта бошам маро бубахшед,аз барои Худо. Мо соҳиби ду фарзанд ҳастем. Барои он ба «Ислоҳ» навиштам,ки дар ноҳия мо камбағалонро касе аҳмият намедиҳанд. Гуфтанд, ки генпрокурор нав шудагӣ «Ислоҳ»-ба нависед генпрокурори нав мебинад коратона. Ман ҳам навиштам , то кори моя бинанду мо бехона нашавем.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №216 появились сначала на ISLOH.net.

«Барқи тоҷик»-ро на танҳо «ОИЛА» Сарвазир ҳам ғорат дорад
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон моҳи июли соли ҷорӣ ба маблағи 61 миллион сомонӣ ба шабакаҳои «Барқи тоҷик» қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизот ворид кард. Ин миқдори бузурги таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ тавассути фирмаҳои сарвазири Тоҷикистон оварда шудааст. Аммо масъала ин аст ки дар бухгалтерия-муҳосиботи ширкат намедонанд ва натавониста истодаанд, ки барои ин 61 миллион сомонӣ санад тартиб диҳанд.

Бинобар таъйиди як манбаъ (мо масъулияти ин нафар, вазифа, ному насабашро медонем, аммо ба мулоҳизоти амниятӣ наметавонем тазаккур бидиҳем) аз бахши муҳосибот тайи се соли ахир ҳамчунин хароҷоти бузургро ҳуҷҷатгузорӣ накарда буданд.

Ин манбаъ мегуяд, ки мақоли «як задани оҳангару сад задани сузангар»-ро дар ҳамин кори Қоҳир Расулзода дидам. Яке мезанад, ки даҳ баробар. Албатта, манзури моро аз зикри ин мақоли мардумӣ пай бурдед.

Манбаъ аз муҳосиботи ширкат мегуяд, ки ба иллати набуди маблағ маоши хеле аз кормандон дар солҳои 2021 то 2023-ро дода наметавонанд ва ё қисман пардохт шудааст ва низ даҳҳо фирмаҳое ҳастанд, ки бор овардаву дар навбатанду интизори ҳисобу китобанд.

Ин манбаъи мо, мегуяд вазифадор аст ин маблағро ҳуҷҷатгузорӣ кунад, чунки маҳз бо ҳамин масоил сарукор дорад ва мегуяд,ки намедонад бо ин маблағ чи кор кунад ва аз куҷо пайдо кардаву чи хел ҳисобот диҳад:

«Ҳоло маҷбурем ҳар моҳ аз «прибил»-и корхона (даромад) қисмеашро бигирам, то инки ин маблағ ҷамъ оварда шавад, аммо кай буд мешавад, номаълум. Вале ҳатман Хадамоти давлатии назорати энергетикӣ, ё Прокуратураи генералӣ, ё Агентии зидди коррупусия ва ё Палатаи ҳисоб тафтиш меоянду проблема мешавад ва ин проблемаро мо бояд ҳал кунем».

Қазия аз чи қарор аст ва чаро муҳосибот барои ҳуҷҷатгузорӣ кардани ин маблағ бо мушкил дучор хоҳад шуд?

Мо, инҷо аз онки Сарвазири Тоҷикистон, ки мақоми давлатӣ асту ҳақи тиҷорат карданро аслан  надорад ва чи гуна ӯ фирма доштаасту ба тиҷорат даст мезанад, чизе намегуем.

Чунки на фақат Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои Эмомалӣ Раҳмонов ва Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ, қудои ҳафтумин ва охирини Эмомалӣ Раҳмонов бизнес доранду ба бизнес машғуланд, аз ҷумла ҳамин Сарвазир ва дигар вазирону раисон ҳам бар хилофи талаботи қонун бизнесҳои калон доранд.

Мушкили асосии ҳуҷҷатгузорӣ кардани маблағи 61 миллион сомонии Қоҳир Расулзода ин аст ки таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии воридкардаи Сарвазир дар асл 61 миллион сомониро ташкил намедиҳад, бамаротиб камтар аст.

«61миллиони Қоҳир Расулзода, асли корро бигирӣ, камтар аз 20 миллион арзиш дорад. Яъне де-факто арзиши аслии бори воридшуда 20 миллион аст, аммо 61миллион, се баробар нарх гузошта шудааст ва муҳосибот вазифадор шудааст, ки ин 20 миллионро 61 миллион «ҳисоб» кунад.»

Балки ин 61 миллион аллакай ба ширкатҳои Қоҳир Раслузода гузаронида шудааст ва ин масъала ҳамакнун мушкил ва муаммои муҳосиботи ширкат аст, ки ҷои ин пулро «пур»  кунад. Яъне 20 миллионро 61 миллион созад. 41 миллионро бояд аз ҳисоби ширкат пайдо  ва ҳуҷҷат созад. Асли моҷаро ва дучори мушкил шудани муҳосиботи ширкат ҳамин аст. Пайдо кардани 41 миллион!!!

Гуфта мешавад,ки аз ин 61 миллион ба 15 миллионаш ба ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» бор оварда шудааст. Вақте Ивайло Стоянов, мудири ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» аз ин маблағ бохабар мешавад, ҳуш аз сараш мепарад ва тасмим мегирад, ки он «бор»-ро возврат кунад.

Аммо аз сабаби онки аввал бор ва баъд ҳуҷҷаташ омад ва борҳоро ба шуъбаҳо дар навоҳӣ тақсим карда буданд ва ин борҳо масраф шуда буд ва аз он сабаб, ки дар амборҳо ҳеҷ чиз боқӣ намонда буд (инҳо 15 миллион бори омадагиро даррав расход карданд) натавонист возврат кунад. Ивайло Стоянов вақте нарху қиммати ин борҳоро дид, ниҳоят дар хашму ғазаб шуд,чунки онҳо даҳҳо маротиба ҳатто аз арзиши бозорӣ гаронтар ҳисоб карда шудаанд. Барои ҳамин хост,ки ин ҳамаро возврат кунад. Аммо ин борҳо, яъне таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётиро ба манотиқи кишвар тақсим карда буданд. Вай раисони шуъбаҳои шаҳру ноҳияҳои ҶСК «Шабакаи тақсимоти барқ»-ро супориш дод, ки борро возврат кунанд. Онҳо гуфтанд, ки мо аз сабаби камбуди таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ ин борҳоро истифода кардем.

Хулоса, «Шабакаи тақсимоти барқ» натавонист борҳоро возврат кунад. Аммо масъули ҶСК «Шабакаи интиқоли барқ» отказ намекунад ва бору таҷҳизотро мегирад. Чунки раиси  ин ниҳод як одаме ҳаст, ки чизе аз боло бигуянд, ҳамонро иҷро мекунад. Сарвазири Тоҷикистон ҳам аз «боло» аст, агарчи аз «бачаҳакои боло» набошад ҳам. Вале, чуноне гуфтем «Шабакаи тақсимоти барқ» аз он сабаб, ки расход карда буд, натавонист баргардонад. Ин ҳам дар ҳоле аст,ки ҳиссаи даромад ба «Шабакаи интиқоли барқ» кам аст.

Маблағ дар ширкати «Барқи тоҷик» се тақсим мешавад: 63%маблағи барқ дар Шабакаи истеҳсол, бисту чанд дар сад дар Шабакаи тақсимот ва боқимондааш дар Шабакаи интиқол  аст, яъне ба фуруш кам мерасад.

Аммо барои ин 61 миллион муҳосибот бояд хеле «бизанад», то ки ин «қарз»-ро бипушонад.

Манбаъи мо мегуяд, ки инҷо-дар ширкати «Барқи тоҷик» ва ниҳодҳои ҷудошуда аз баданаи вай ҳеҷ дар фикри беҳбуди кор нест: «Ягонтоаш ба манфити давлат» кор намекунад. Рузторуз ширкати «Барқи тоҷик»-ро ба кун шинонида истодаанд.

Дар яке аз маҷлисҳо Сарвазир Хайрулло Сафаров,мудири кулли неругоҳи Роғунро ду бор се бор мехезонад. Ин дафъа мегуяд: «мн туда гудак нестам, ки маро даҳ бор, бист бор бихезонию бишинонӣ. Худат явна медонӣ, ки ин пулҳо куҷо мешавад».

Ҳозир барои сохтмони Роғун сармоягузори хориҷӣ кофта истодаанд, аммо натавониста истодаанд. Ҳама чиз танҳо ваъда аст. Тамоми сармоягузорҳо натоиҷи аудит хоста истодаанд. Аммо инҳо аудит гузаронида наметавонанд. Чунки инҷо дуздиву яғмову ғорат аз поин то боло аст. Он қадар макидаву ҷафида истодаанд, ки бовар кунед 1сомонӣ бо 1000 тамом шуда истодааст. Ман намедонам, ки Ҳасан Асадуллозода, то шуруъи ин сохтмон чи қадар дуздидааст, аммо,бовар кунед, агар надуздида бошад, 30% маблағҳои ҷудо ва ҷалбшуда ба Роғунро маҳз ӯ дуздид.

Як агрегат-чархаи Роғун бояд 260 меговат бидиҳад ҳамагӣ 60 меговат дода истодааст. Обро дар сатҳи зарурӣ ҷамъ карда натавониста истодаанд. Аз таги сарбанди неругоҳи Роғун об ҷорӣ шуда истодааст. Барои бастан ва маҳкам кардани он ноилоҷ мондаанд. Барои маҳкам кардан доруҳои махсус аз хориҷа бояд биёранд. Пули калон лозим аст, ки зурашон намерасад. Намедонанд,чи кор бояд кунанд.

Як чизи дигарро бояд бигуям,ки барои ҳисоби масраф ва истеъмоли барқи аҳолӣ низоми биллингӣ ҷорӣ карда шуд. Ва дар доираи ин барнома счетчикҳои хонаҳоро дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон иваз карданд. Муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки осиёии рушд наздик ба 200 миллион доллар ин тарҳҳоро сармоягузорӣ карданд. Яке аз ширкатҳое, ки ин ин лоиҳаро ба иҷро гузошт, Авесто-группи Рустами Эмомалӣ аст ва касе ҳам намедонад, ки аз ин миқдори бузурги пул чи қадараш ба ҷайби Авестогрупп рафт:

Соли гузашта хабаргузории «Ховар» навишт, ки «…..бобати беҳдошти таъминот бо барқ дар кишвар ва офияти системаи энергетикӣ лоиҳаҳои «Электрификатсияи деҳот» дар вилояти Хатлон, бо арзиши умумии 6 500 000 долл. ИМА, «Барномаи рушди соҳаи энергетика», бо арзиши умумии 95 млн. доллари ИМА амали шуда истодаанд. Мақсади лоиҳаҳои мазкур баланд бардоштани сифат, дастрасӣ ба хизматрасониҳои инфрасохторӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мусоидат ба таҳкими идоракунии маҳаллӣ дар ҷамоатҳои аҳолинишини вилояти Хатлон мебошад ва дар тамоми ҷумҳурӣ паст намудани талафоти техникӣ ва талафоти тиҷоратӣ, баланд бардоштани сифати таъминоти неруи барқ, баланд бардоштани дараҷаи ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда, қисман азнавсозии шабакаҳои барқи шиддати паст ва миёна ва иваз намудани ҳисобкунакҳои барқии мавҷуда ба ҳисобкунакҳои барқии электронии интеллектуалӣ мебошад.

Дигар лоиҳаи ҷолиб Лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Хатлон» мебошад. Дар доираи лоиҳаи мазкур санаи 29 апрели соли 2021 Созишномаи грантӣ (15 миллион Евро) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Созишномаи қарзӣ (20 миллион Евро) байни ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Созишнома оид ба пешниҳоди кафолати давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шудааст.

Лоиҳаи мазкур дар ҳудуди шаҳрҳои Кўлоб ва Бохтари вилояти Хатлон амалӣ хоҳад гардид. Лоиҳа аз ду қисмат иборат буда, дар доираи қисмати якуми он насби 64 670 адад ҳисобкунакҳои барқии электронӣ (аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб 40 640 адад ва шаҳри Бохтар 24 030 адад) ва маҷмӯи таҷҳизотҳои ба он алоқаманд, хатҳои интиқоли барқи 0,4 кв, барномаҳои зарурии муосир барои назорат ва ҳисоби неруи барқ   ва сохтмону таҷдиди шабакаҳои барқии шиддати паст ва миёна, тавассути иваз намудани хатҳои кабелии 10 кВ (тахминан ба масофаи 7 км), насби сутунҳои оҳану бетонӣ тақрибан 3300 адад, насби ноқилҳои худбари изолятсияшудаи (СИП) 0,4кВ (тахминан 470 км), пешбинӣ гардидааст.

Дар доираи қисмати дуюми лоиҳа сохтмони 1 адад зеристгоҳи барқии нави 110/35/10 кВ дар шаҳри Кӯлоб (дар шафати Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб), таҷдиди зеристгоҳҳои барқии мавҷудбудаи Кӯлоб-110/35/6кВ ва Бохтар-110/10кВ дар шаҳри Кӯлоб пешбинӣ гардидааст.

Амалӣ шудани ҳамаи ин тадбирҳо ба таъминоти бехтар ва бештари барқ барои аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд».

Инро ҳам бояд тазаккур бидиҳем, ки бахше аз ин лоиҳаҳои пурҳазина дар вилояти Хатлонро ширкатҳои ватании Ҳасан Асадуллозода,тағои Рустами Эмомалӣ ба иҷро дароварданд. Дар ин бора «Ховар»-хабаргузории расмӣ навишт:

«Мавриди зикр аст ки айни ҳол дар шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳисоби масрафи неруи барқ ва маблағи ҳисобӣ ва пардохтшуда тавассути барномаҳои биллингии аз тарафи ширкатҳои ватанӣ тарҳрезигардида (Exspres Client, Smart billing ва ZTE) ба роҳ монда мешавад».

Имсол лимити барқ барвақттар ва сахттар шуруъ шуд. Дар моҳи сенябр шуруъ карданд ва филҳол бо лимити зимистонӣ: се соат субҳ(аз панҷ то 8) ва 5 соат(5-6 то10) гузашт.То он вақте мардум возмушатса накард, боз ҳам гушашро ба карӣ андохту худро ба нофаҳмид зад. Вале маҳдудияти таъминоти барқро эълон кард, коре ки то ҳамин имсол эълон намекард ва эълон ҳам мекард, хеле дер. Мардум ҳазоруяк гап мезад ва баъд,чун дигар тамоми баҳонаҳо тамом мешуд,мегуфт, ки бале ҷорӣ кардем, чунки дар обанбор об нест. Ҳатто кор ба ҷое кашид, ки гуфтанд мардум қарздор аст, то қарзро напардозад барқ дода намешавад.

Яксол зиёдтар  мешавад, ки менеҷери импортни оварданду арсаи тақсимотро дар ихтиёраш гузоштаанд.Ин менеҷери импортний, бинобар маълумоте, ки дар ихтиёри мо қарор дорад Ивайло Стоянов аст, ки аз моҳи августи соли гузашта мудири ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ»  таъин шудааст. Хабарҳое, ки мерасанд ҳикоят мекунанд, ки вай системаи барқрасониро задагиву мардуми кишварро ба шумули пешво, кашидагӣ.

Кумитаи андоз танҳо дар як соли мудирияти вай ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-ро ба 350 миллион сомонӣ  қарздор кардааст. Ҳамчуноне гуфтем Қоҳир Расулзода ба 15-20 миллион сомонӣ таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ ворид карда вале 61 миллион сомонӣ «бардоштааст»

Аммо як чиз мушаххас шуд, ки новобаста  аз онки дар саросари кишвар лимити барқ ҷорӣ шудааст  ва мардум азоби ҷонкоҳ мекашад дар низоми энергетикии кишвар дуздивиу ғорату чаповул ҳамчунон дар авҷ аст.

Феврали соли ҷорӣ Ивайло Стоянов,роҳбари «Шабаҳои тақсимоти барқ» дар нишасти матбуотиаш эълон кард, ки барои Талко аз 1 январ ҳақи истифода дар ҳар кв.соат 15.57 дирам таъин гардид. Ин дар ҳолест, ки ин ширкат ҳади ақал дар 10 соли ахир бо арзонтарин нарх барқ мегирифт. Барои ҳар киловат-соат 9.5 дирам дар мавсими тобистона-аз 1 май то 30  сентябр, ва аз 1 октябр то 30 апрел 7.20 дирам) месупорид. Стоянов эълон кард, ки аз якуми январи соли ҷорӣ ТАЛКО 15.57 дирам месупорад. Вай таъкид кард, ки ин тағйирот барои он аст ки як ширкат аз ҳисоби ширкатҳои дигар талаботи худро бароврада насозад.Яъне 64% барои Талко афзуд.

Ивайло Стоянов,табааи булғорӣ ва корманди як ширкати ҳиндӣ аст ки тавассути Бонки ҷаҳонӣ омадааст. Гуфта мешавад, ки тибқи қарордоди имзошуда бо ҷониби Тоҷикистон маоши моҳонаи Ивайло Стоянов, ки барои панҷ сол  мебошад, солона 600 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Аммо, маълумотҳое, ки ба дасти мо расидааст аз он мегуяд,ки ин мутахассиси импортний аслан ягон масъулият эҳсос намекунад:

«Кораш фақат кайфу сафо.Рӯзҳои шанбеву бозор касеро намепурсад,ки куҷо меравад? Ба ҳукумат ҳам намегуяд, ки куҷо меравад. Ба вилоятҳои Суғду Хатлон тамоман сафари корӣ анҷом намедиҳад. Баъд аз омадани ӯ ба ин мақом Кумитаи андози Тоҷикистон  “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-ба 350 миллион сомонӣ ҷарима кард. Дуруст аст, ки мушкили пардохти андоз барои ширкати «Барқи тоҷик» нав нест, қаблан ҳам вуҷуд дошт. Аммо барои аввалин бор дар давраи Стоянов барои потерия-талафот расман қарздор карданд. Аз аввал аз талафот (потерия) андоз намесупоридӣ. Яъне ин талафот-потерия аст. Миқдои неруи барқе барҳадар рафтааст, аз он Шабакҳои тақсимоти барқ баҳра бурда наметавонад, чунки он мисли ҳавр ё буғи оби ҷушида дар ҳаво бухор шудааст. Ва, инро дар ҳукумат ва аз ҷумла Кумитаи андоз ба хубӣ ва возеҳу равшан медонанд. Чи хел дар бораи чизи набуда-талафот бояд налог дод. Аммо дар давраи Стоянов ҳамон талафотро ҳам ҳамчун маҳсулот,неруи тавлидшуда ҳисобидаву ҳуҷҷат карданду налог бастанд- 350 миллион сомонӣ. Ин ҳам дар ҳоле аст ки солҳои пешин талафот, талафот ҳисобида мешуд, агарчи ин талафот ҳам як роҳи «списат» кардани дуздиҳо буд. Чун ҳисоби талафот мушаххас карда намешавад, ки чанд фисад аст. Вале, ин воқеият аст ки талафот вуҷуд доард.

Ҳамин тобистон чанд маротиба вачанд рӯзӣ хориҷа рафта буд. Ягон касро дар ҷараён намегузорад. Дар ҳоле,ки вай мудир аст масъулият дорад. Вақте сафар кард, бояд ҳукуматро дар ҷараён бигзорад,ки барои мисол,ман барои ҳамин қадар рӯз ҳузур надорам ва кор дар ширкатро муовин пеш мебарад.

Як нафар бо номи Ҷаҳонгир аст,ки тамоми корҳояшро ӯ пеш мебарад.Як сол шуд. Корҳояш ҳеҷ манфиате наёвардааст. Бовар кунед, ки бо вуҷуди ҳама дуздиву тозӣ кори роҳбарони пешина сад бор хуб буданд. Ӯро ба унвони менеҷери муваффақ барои пешравӣ ва натиҷаи мусбат оварда буданд, аммо тамоман баракс аст.

Ташвишовар ин аст ки як кас парво надорад, ки ин одам чи кор мекунад,контрол намекунад,ҳисобот намегирад. Ба гуфти инҳо тоҷикҳо мудирият карда натавонистанд ба хориҷӣ доданд,то мудирият кунад. Маълум нест, ки ин ҳукумат куҷоро нигоҳ мекунад. Охир як чизро ба як кас додӣ, ҳисобот мегирӣ, ки ту чи кор кардӣ, чи натиҷа дорӣ? Пешравӣ дорӣ, надорӣ. Инҷо- дар ин корхона пули калон тоб мехурад.

Ҷаҳонгир сардори дастгоҳи Шабакаҳои тақсимоти барқ кор мекунад. Мисли муовин аст. Ивайло Стоянов вазири энергетикаро гуш намекунад. Телефонашро ҷавоб намеиҳад. Аслан писандаш намекунад.

Тамоми чизҳо дар системаи тақсимоти барқ фарсудаанд. Ягон запчаст-қисмҳои эҳтиётӣ нест. Пул нест, пул намедиҳад ба шабакаҳо, ки барои зимистон омода шаванд ва захира кунанд. На пул барои констовар, на пули хозтовар на пули техника, на пули запчаст на пули трансформатор, сими запас. Амборҳо холӣ

Рустами Эмомалӣ,раиси Душанбе бояд расчёташро бигирад. Порина мардумро гармӣ надод, мардум сахт азоб кашид. Аммо ба ҳар ҳол свет буд. Ҳоло барои мисол яке аварейний-садама шавад,дар назди мардум чи мегуяд? Ҳиҷ омодагӣ ба зимистонгузаронӣ надорад. Як бор намепурсад,ки мазут ҳаст, ангишт ҳаст? Зимистон омадааст, аммо омодагии Душанбе нол.

Ҳамин моҳи шарифи Рамазон Ҷаноб дар сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дошт. Раиси суғдии барқ омаду гуфт, ки роҳбари давлат омадааст,раиси вилоят супориш дод,сум даркор,барои фалону фалон ноҳияҳо. Ивайло Стоянов мегуяд, ки ман задагиям ҷанобта девона ҳасти ту рав пул мул, нест.

Ба ин дараҷа овардагӣ аст, ки любой касро мегуяд ман задагиям. Бо ин чи хел контракт кардагианд, чи хел ҳисобот медиҳад, ҳама ҳайрон аст. Ин моликияти падари ягонтои онҳо нест.

Агар Ивайло Стоянов ҳукуматро задагӣ набошад ба ҳукумат мактуб кард,ки барои 50% ихтисори кормандони ширкат иҷозат деҳ. Ҳукумат рад кард. Ҳоло, ки нашуд болои сардорони шуъбаҳо дар вилоятҳо ва ноҳияҳо фишор оварда истодааст, ки 50% ихтисорро худатон пешниҳод намоед.

Агар ин ҳукуматро задагӣ набошад, пешниҳод карду ҳукумат рад кард, вале ҳоло болои шуъбаҳо дар вилоёт ва навоҳӣ фишор оварда истодааст, ки 50% ихтисор карда руихатро барои ман фиристед. Ин қадар мардум аз нони хурдан мемонад. Албатта инро ҳам бояд донем,ки мардуми камбағал ихтисор мешавад.

Аммо, муҳосиботи «Барқи тоҷик» ҳануз ҳам сари ин мушкил майна об карда истодааст, ки 61 миллиони ба ҷайби Қоҳир Расулзодаро чи тавр ва аз куҷо пайдо бикунад ва гиребони ширкатро аз чанголи тафтишот бираҳонад, албатта, агарки тафтишот барои «ҳурмат»-и Сарвазир чашмпушӣ накунад ва сарвазир ҳам «доля»-и Ҷанобро ҳам дода бошад…

Сообщение «Барқи тоҷик»-ро на танҳо «ОИЛА» Сарвазир ҳам ғорат дорад появились сначала на ISLOH.net.