Архивы Шералӣ Мирзо - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №212
Аз мақом барканор шудани Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон ва қудои охирини Эмомалӣ Раҳмонов ҳоло низ боиси сарусадо ва ҳар гуна овозаву шоеъот шудааст. Чунки дар ду-се соли ахир ин прокурори табассумнакунанда ва ҷиддисимо худро «кимчӣ» ва дар «кимкуҷоҳо» хиёл мекард. Аммо кори Худоро бинед, ки бо як фармон ӯро аз вазифа барканор карданду дигар масхараву мазоҳи тамоми Тоҷикистон шудааст. Пас аз гузашти ду ҳафта дар торихи 4.02.2025 ӯро котиби Шӯрои Амният макони пенсиянерон фармонашро содир кард. Номаи аввали ин барномаро ҳам як рафиқи огоҳ аз қазия  навиштааст:

Душанбе

Ассалому алайкум бародари азиз ва муборизи роҳи ҳақ ва озодӣ Муҳаммадиқболи Садриддин!

Дар ҳақиқат фармони аз вазифаи Прокурори генералӣ гирифтани Юсуф Раҳмон барои бисёриҳо «неожиданний» буд. Чунки гапгапи барои бори сеюм ба ин мақом таъйин кардани вай зиёд мерафт.

Чанд рӯз пеш дар худи Прокуратураи Генералӣ ҳам гапгап шудааст, ки барои чи Раҳмонов Юсуф Раҳмони қудояшро гирифт. Сардори Раёсати назорати милитсияи Прокуратураи Генералӣ гуфтааст, ки «ба фикри ма сари Генерала ҳаму Муҳаммадиқбол хурд қати барномаҳои Госпереворотш»…

Бо кадоме дигараш гуфтааст, ки «нея, Ненерал кунша ба шохи гов не ба к*и бқа ҷанг дохту противи акаи Зоир рафт. Зоир на Прокурор мегуяд на КГБ ва на МВД. Ҳамаша задагияй»

Аммо нафарони аҳли фаҳм мегуянд, ки Раҳмонов Юсуф Раҳмонро дарси адаб доду гирифт ва шояд баъди як такон додан боз вазифаш медиҳад. Агар надод, значит безеб барои вай. Чунки СС.Ятимов ба Раҳмонов зиёд маълумотҳо оиди мишмишҳои Юсуф Раҳмон бо Красновро расонда буд. Красновро Путин боз муҳлати кориашро дароз карду Раҳмонов бошад Юсуф Раҳмонро гирифт.

Э.Раҳмонов пеш аз интихобот нисбати кадоме, ки каме шубҳа дорад, як таконашон медиҳад. Сахт хавотир аст.

Ҳатто аз Шералӣ Мирзову дигару дигар хавотир буд, ки он камбудиҳои пулие, ки дар вақти аудити  вазорати мудофиа пайдо гашту чандин генералҳоро маҳкам карданд, куҷо шуд:- «Яке паато барои переворот тайёр накада бошан» гуфта.

Раҳмонов бояд инҳоро ягон кор мекард, аммо чи тавре, ки гуфтем пеш аз интихобот сахт эҳтиёт дорад, ки яке ягонтошро нагирам, бо ошубе кунад? Барои ҳамин вазифа дод, ки то вақте машғул бошанду ҳар фикр накунанд.

Як нафари дигар гуфт, ки Юсуф Раҳмон барои онки муҳлаташ ба поён расид, гирифта шуд. Вале, ӯро мебоист дар вақте мегирифт, ки ҷаласаи Маҷлиси миллӣ баргузор мешуд. Аммо, Раҳмонов аз Юсуф Раҳмонов мисле, ки нохуш шуд.

«Базеҳо меган, ки Раҳмон бо ход конём кардестай ва масулияти оғози парвандаи Зарифӣ ва дигаронро ба гардани Юсуф Раҳмон заданист. Гуё Раҳмонов маҳз ба маълумотҳо ва маводҳои ҷамъкардаи Юсуф Раҳмон бовар карда, иҷозат додааст. Ира Раҳмонов как всегда барои давленияра ай сари худуш дур карданай. Зиёд фишорҳо ай замони дастгир кардани Зарифӣ ва дигарон кардестан сари Раҳмонов. Хусусан аз созмонҳо ва базе иттиҳодияҳои хориҷӣ.

Шумо хуб медонен Раҳмонова. Дид, ки камтар кунчаша зур омад, сразу ходи ногаҳонӣ ба гуфти худаш мекнад.

Аммо боз баъзеҳо мегуянд, ки гузоришҳои ҷамъкардаи СС сабаб гашт, ки Юсуф Раҳмонро гирифт. Яъне гуё Юсуф Раҳмон аз пеши худ, бо доштани маълумотҳои носанҷида ва баъзеаш сохта, ин амалиёти дастгир кардани нафарони намоёнро кардааст. СС.Ятимов гуфтааст, ки дар ин парванда ягон нафари конкретӣ аз тарафи қуввае, ки мебоист вориди Тоҷикистон мегашт барои ғасби давлат, нест.  Танҳо чанд нафар аз чеҳраҳои намоёни мост, ки инҳо агар сад нафар ҳам мебуданд, ягон имконияти низомӣи надоштанд. Ҳамааш пенсионеру нафарони офисӣ, ки ҳатто имконияти ҷангро надоранд. Дар парванда бояд нест номҳои нафароне, ки гуё аз Ансоруллоҳ ё дигар ташкилотҳои террористианд. Аммо

Бе вазифааш намемонад. Барои онки бояд Раҳмонов интихоботро тинҷ гузаронад. Ҳама тарсу ваҳми Раҳмонов барои интихобот аст. Қонунияти ҳокимияти Раҳмонов аз ҳамин интихоботҳои сохта ҳастанд дигар.

Юсуф Раҳмон ҳам, ки албатта, боз одамҳои худашро дорад, ки гапҳоро барояш бурда мерасонанд. Вай гуфтаст, ки «ма фикр мекадм, ки мардакан, неки иё одама истифода мебурдиян. Мара мегуфт, ки ту нафари бовариноки маи, ма бовар мекадм. Чи қадар камбудиҳора ма да делоҳои вазнин пушондам дига кам. Делоҳои ҲНИТ, делаи муовини Ҳасани Ориёнбонка куштан, делаҳои салафиҳову инаи бо Саидҷафар Усмонову дигарош. Э о..аша г..м худма ба ҳама ганда кам… хай ку бинен чи мега и Булдог (Бульдог як зоти саг мебошад, ки фукаш кашол аст). Юсуф Раҳмон Эмомалӣ Раҳмонвро бульдог лақаб мондааст). Ин гап аз забони Олими шофёри Юсуф Раҳмон баромадааст. Олими ронандаи  Юсуф Раҳмон бисёр хабарҳоро баҷоӣ ба Музаффар Юсуфӣ, ки Прокурори нақлиёт аст, мерасонд.

Аммо як чизи дигар дар ин таъинотҳои кадрии охир ошкор шуд. Превосходствои Озода дида мешавад, ки нишонаи беқурбии Рустам аст. Чи дар Дастгоҳ ва чи дар баъзе чойҳо, Озода нафарони худашро ба мақомотҳо шинонд.

Ҳатто ин гапгап ҳам ҳаст, ки Юсуф Раҳмонро котиби Шурои Амният бояд монанд.( ин маълумот ба ислоҳ охири моҳи январ расида буд)

Қариб як сол мешавад, ки як шогирди наздики Юсуф Раҳмоновро бо наркотик қапида буданд. Вай дар Прокуратураи шаҳри Душанбе кор мекард, тахаллуси эшонӣ дошт.

Юсуф Раҳмон пас аз барканорияш бо аламу дард гуфтааст : «Оҳ ин саги пир , о ҳароме. Ин ҳароми сахт кор мекунад. Ма медонистм ,ки ин СС аз қафои кормандои ҳама сохтору мақомоту вазоратҳо кор мекунад. Меқапа ягонташа дар ҳол крючекда мегирашу агентш мекунад.Албатта то вақти даркориша. Ма хуб медонистм дар Прокуратураи генералӣ чанд нафара ҳамихели када буд. Ма медонм ҳаму гапи мара ки Президента Булдог гуфта будум через агентош Муҳаммадиқболда ҳамуно равон кадагиян. Ма точно медонм куҷода гуфта будум ва пешмда кӣ буд. Хайр ҳеҷ гап не, ку бинем ӯра читари мегирифта боша…»

Ва, як хабари дигар ин аст ки баъди гирифтани Юсуф Раҳмон як ҳодиса шуд.

Чанд рӯз баъди гирифтани Юсуф Раҳмон аз соати 22:00 то 24:00 роҳҳои пешу қафои Парламент ва ЦК маҳкам шуд. Мақомот тревога доданд: Пожар!!!. Аз тамоми қисмхои зудамали гирду атрофи шаҳр техника ва спецназ омад. Фақат нақшаи митингу ҳолатҳои ошубро кор карданд. Як қисми спетсназҳо нақши тазоҳуротгаронро бозӣ карданд. Бовар кунед, сахт дар ташвишанд.

Бахусус баъди ҳодисаҳои Сурия ва ба сарикор омадани неруҳои исломӣ, ки онҳоро ҳам созмони террористӣ мешинохтанд, Раҳмонов сахт тарсидагӣ аст.

Баъди дар барномаи «Минбари муҳоҷир» ҳолаташон тамоман бад шуд. Гуфтед, ки ба интихобот наравед, як хелаш тамоман соф кард.

Ва, як чизи дигар. Чанд рӯз аст, ки дар тамоми барномаи «Ахбор»-и ҳамаи шабакаҳои давлатӣ дар бораи баргузории ҷаласаи Шурои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Миллӣ ва инки дар ин ҷаласа ҳисоботи Прокурори генералӣ шунида мешавад хабар пахш карда истодаанд. Ва ин шабакаҳо хабари аввали худро аз ҳамин масъала сар карда истодаанд. Чунин ҳолат ягон бор пеш аз ин дида намешуд. Як бор хабар медоданд, ки фалон рӯз ҷаласаи Маҷлисӣ миллӣ баргузор мешаваду халос. Аммо ин бор ҳаррӯз гуфта истодаанд. Ва ҳатман таъкид карда истодаанд, ки даъвати Маҷлис бо имзои Рустами Эмомалӣ сурат мегирад. Воқиан чунин ҳолат пеш ягон бор ба мушоҳида нарасаида буд.

Нуробод

Салом домулло Муҳаммадиқбол!

Аз деҳаи Обилурди ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод мебошам.

Ман оиди зулму ситами мақомоти ноҳияи Нуробод, ки болои мо мардуми деҳа омадааст, гуфтаниам.

Муддати чанд сол мешавад, ки мақомоти ноҳия мардумро маҷбур карда истодаанд, ки дар деҳа як мактаби замонавӣ бунёд намоед. Бо таври маҷбурӣ мо мардум пул ҷамъ ва кори мактабро сар кардему ҳоламон зор шуд. Дигар сари моҳу охири моҳ аз мақомот меомаданд, ки «қариб овардед, кай муассиса ба истифода супурда мешавад?» Ҷонамон ба лаб омадааст.

11 сентябри 2024 Эмомалӣ Раҳмонов ба ноҳия Нуробод меомад. Бовар кунед аз тамоми мақомот боз омаданду гуфтан, ки то омадани Раҳмонов  сохтмони мактабро бояд анҷом расонед, бояд Ҷаноби олӣ лентаи мактабро бибурад ва ба истифода дода шавад.

Мо мардум сохтмони мактабро то омадани Раҳмонови дузд буд карда натавонистем. Худоро шукр, ки қадами нопокаш ба хоки деҳаи мо нарасид. Бубинед аз ҳисоби буҷети давлат дар ягон деҳа ва дар ягон шаҳру ноҳияҳо ягон муассиса, ё ки беморхона сохта нашудааст. Фақат мегуяд, ки «мардуми бо ору номус ободкорӣ мекунад». Мардум дар ҷонаш задааст, безор шудаанд, аз дасти Раҳмонов ва аз дасти мақомоти гушнаву гадояш ҳоламон бад шуда истодааст.

Дар Тоҷикистон фақат халқ худаш бояд ободкорӣ кунад. Кормандони давлатӣ аз Эмомалӣ Раҳмонов сар карда то раисони маҳалла бояд чи фонду чи маблағе аз бюҷети давлат аст ғорат кунанд ва мардумро зулму шиканҷа диҳанд. Ин қадар андозҳо, ин қадар коркардҳои ангишт, неругоҳҳои барқӣ, конҳои тилло, алюмин ва ғайра куҷо мешаванд? Мо мардум ақлу савод дорем, мефаҳмем, ки шумо -мақомот аз Эмомалӣ Раҳмонов сар карда то мақомоти ноҳия ба фоидаи халқ кор намекунед, шумо ба манфиати кисаи худ дар сари кор шиштаед, халқро задагиед.

Дар Тоҷикистон як чанд неругоҳҳои барқӣ кор карда истодаанд, аммо чаро мо мардум аз бебарқӣ танқисӣ мекашем? Маълум аст ки шумо дар фикри халқ нестед,  сарупо ғутида дар нафси бади худатон ҳастед.

Дар охир ҳаминро гуфтанӣ ҳастам ва хоҳиш менамоям аз тамоми модарон ва падарони Хатлон, ки фарзандонатон дар водии Рашт (Ғарми пешина) дар мақомотҳо кор мекунанд, ба онҳо фаҳмонед, ки мардумро бисёр озору азият медиҳанд, ин тавр муносибат накунанд, хоҳиш ба фарзандонатон аҳамият диҳед, ки аз куҷо пул меёбанду мошинҳои гаронбаҳо мехаранд. Маълум аст ки луқмаи даҳони фарзандони мардумро кашида мегиранд, пули ҳаром аст. Хоҳиш, насиҳат кунед, ба фоидаи Эмомалӣ Раҳмонов накунед. Як балое ба сари Раҳмонов ояд шумо ҳеҷ коре аз дастатон намеояд.

Башор Асад куҷо шуд?

Қаззофӣ куҷо шуд?

Ашраф Ғанӣ куҷо шуд?

Нурсултон Назарбоев куҷо шуд?

Ҳамаашон шармандавор аз сари қудрат нобуд шуданд, ин шо Аллоҳ инчунин рӯз ба сари Раҳмонов меояд.

Мо намегузорем, ки дар интихоботи оянда Раҳмонов номзадии писари ҳаромиашро ба президентӣ монад, он рӯз мебинед, ки чи корро анҷом хоҳем дод!

Душанбе

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол ва тамоми бародарони мубориз! Ман аз шаҳри Душанбе мебошам ва маълумот дорам дар бораи ҳукумати тоғутпарасти шаҳри Душанбе.

Ман аз дарвозаи ҳафтуми пажаркаи бозори Корвон аз як соҳибкор, ки номаш Дилшод буд доим харид мекардам. Дилшод дар точкаи савдояш плакат мефурухт ки дар он плакатҳо калимаҳои динӣ, сураҳо ва оятҳои Қуръон масалан ояталкурсӣ, Алҳамд ҷой доштанд. Як рӯз дар назди точкаи савдои Дилшод будам. Дидам, ки чор нафар корманди мақомот омада вориди точкаи савдои Дилшод шуданд ва ба ӯ огоҳии сахт карданд, ки дигар инхел плакатҳое, ки оятҳо ва калимаҳои динӣ навишта шудааст нафуруш, ки ин дафъа биоём ҳамаи боратро мебарем.

Дилшод ба онҳо гуфт, ки ин точкаи савдои ман нест, ин аз Муроди телехи Раҳмонов аст. Онҳо ба Дилшод гуфтанд, ки мо як бор огоҳӣ медиҳем тамом ва  баъд рафтанд. Хуллас , Дилшод ба Муроди телеха занг зад ва воқеаи шударо нақл кард. Муроди телех ба дили пур гуфт, ки «кадомеш омад, мада занг зан тамом, кор ҳалай». Дилшод бо Муроди телех сахт кент буданд. Мурод, куҷое маърака даъваташ мекарданд ба Дилшод занг мезад, ки «як падарка  равон кун, ки ман хонаи як дӯстам туй ё ки зодруз меравам».  Дилшод бошад подаркаро тайёр мекард ва ба ягон таксӣ ба Мурода роҳӣ мекард. Беҳад кенти сахт буданд.

Рӯзе ҳамон чор нафари корманди мақомот омаданд, мошин оварданд ва ҳамаи бори Дилшодро бор карданд. Ҳудуди дусаду панҷоҳ -350 ҳазор сомонӣ бор буд. Дилшод ба Муроди телех  даҳ маротиба занг зад. Мурод телефонашро ҷавоб надод. Он кормандони мақомот бошанд ба Дилшод гуфтанд, ки «агар Мурод телефони туро бардорад аз вазифааш озод мешавад».

Кормандони мақомот ҳоли Дилшодро бад карданд. Ӯро ҳамчун наҳзатии терорист гуфта нисбатат дело мекушоем, гуфта таҳдид карданду тарс доданд. Дилшод точкаи савдоро ҳафтод ҳазор сомонӣ фурухт ва боз қарз карду ба мақомот дод ва ҷонашро халос кард.

Бубинед, ки Муроди телех нисбати Дилшод чи кор кард.

Бародар Муҳаммадиқбол, мо мардум ҷонамон ба лаб омадааст. Ин ҳукумати тоғут зидди дин кор карда истодаанд. Аммо ин шо Аллох мо мардум ба Аллоҳи мехрубон такя дорем ва умедворем, ки ин ҳукуматро ба амри Аллоҳ мисли ҳукумати Башор Асад, Нурсултон Назарбоев, Ашраф Ғанӣ ва Аскар Акаев сарнагун месозем

Як аланга сар шавад, тамом. Дигар пеши роҳи халқро гирифта наметавонанд.

Раҳмонови алайҳи лаъна ба дини мо расидӣ ин шо Аллоҳ ту ба кайфари аъмолат хоҳӣ расид. Рӯзи Башор Асад ба сари ту ҳатман омаданист.

Мастчоҳ

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Ман намедонам, ки бақия навоҳии кишвар чунин ҳолат ҳаст ё не аммо дар ноҳияи Мастчоҳ аллакай облава шурӯъ шудааст. Ҳол он ки вақт то облава хеле зиёд аст. Самандаров Нуралӣ аллакай корро шуруъ кардааст. Вай аз ҳар як даъватшаванда пул мегирад ва ваъда медиҳад, ки шаш моҳ ман туро суроғ намекунам ва баъди чандин рӯз дигар коргарони военкоматро мефиристад. Вақте ба ӯ занг мезанӣ мегуяд фармон аз боло аст, ягон сум да ӯ те корут ҳаллай. Вай аз қишлоқи мо нест. Аммо ҷавонони моро бисёр ғам медиҳад. Плани ноҳияи Мастчоҳ барои ӯ ҳеҷ вақт буд намешавад ва бояд ӯ хоҳ вақти даъват аст ё не аз даъватшавандаҳо пул гирад. Падарлаънат серӣ надорад. Дар яке аз номаҳои гузашта дар бораи ӯ навишта буданд, шумораи чанд буд намедонам ё 172 ё 174, ки ҳамааш сад дар сад дуруст аст ва ман ҳамчун як мастчоҳӣ тасдиқ мекунам ва шумо метавонед аз ҳар як мастчоҳӣ бипурсед.

Боз бародар Муҳаммадиқбол мехоҳам як бузичаро ошкор кунам. Ин бузича Алимов Бахтиёр як кӯдак — таваллудаш 2004 ё 2003, ки аксаш ҳаст ва ба шумо хоҳам фиристод вай бузи номери яки ноҳияи Мастчоҳ якум участка маҳаллаи Сомониён мебошад. Вай худро дар ҳама ҷо корманди мақомот мегирад ва ҳеҷ кас ӯро ҳеҷ чиз намегуяд. Вай бисёр нафаронро туҳмат ва пастава кардагӣ аст. Вай боз худро ҷияни муовини ноҳияи Мастчоҳ яъне Фатҳуллозода Муллосоқӣ мегирад. Ман фикр мекунам, ки шумо ӯро хуб мешиносед. Ман Муллосоқиро хуб мешиносам ӯ аз маҳаллаи мо нест ва ба ин буз ҳеҷ алоқае надорад. Ин буз дар ҳама ҷо мегуяд, ки кришаи ман Муллосоқӣ аст ва маро ҳеҷ кас ҳеҷ кор карда наметавонад. Ӯро ба наздикӣ дар район бо духтаре дастгир карданд ва сахт лату кубаш карданд ва то ҳол дар беморхона бистарӣ аст.

Эй мардуми ноҳияи Мастчоҳ ин бузро шиносед! Ин аблаҳ худро одами хуб нишон дода аз шумо бар зиди худатон гап мегирад.

Ӯ аввал ҳукумату Раҳмонови сагро дар назди шумо таҳқир мекунад ва вақте шумо ҳарфе задед онро сабт мекунад, аз ӯ дурӣ кунед. Вай ягон донишгоҳро хатм накардааст ва танҳо ПТУ ноҳияи Мастчоҳро хатм кардааст ва ҳоло таксӣ кор мекунад. Ба мошини ин касофат нашинед. Одаме, ки ягон донишгоҳро нахондааст, чи тавр коргари мақомот мешавад ман ҳайронам. Дар инҷо савол ба миён меояд, ки оё дар ҳақиқат Муллосоқӣ ӯро кришават мекунад ё не ва ӯ чаро худашро ҷияни Муллосоқӣ мегирад ва чаро Муллосоқи чизе намегӯяд?

Бахтиёр бузиятро бас кун вагарна ин дафъа ҳамаи ифлосиятро рӯи об мебарорам, ки бароят гарон меафтад. Аз ҳама корҳоят хабар дорам. Ту дар зери назорати ман ҳастӣ. Агар ислоҳ нашавӣ ин дафъа чи тавр бо духтари муаллима оиладор шуданатро ва чи тавр ҷудо шуданатро, ҳамаи сиру пиёзаро рӯи об мебарорам

Дар охир гуфтаниям, ки бародар Муҳаммадиқбол ҳар номае, ки аз ноҳияи Мастчоҳ чоп кардед мехонам ва кафолат медиҳам, ки дуруст аст. Чунки баъди он номаҳо, баъди ҳар як нашри номаҳо дар Мастчоҳ тағиротро эҳсос мекунам. Ҳатто нома дар Ютуб нашр ношуда аллакай таъсирашро нишон медиҳад.

Ва дар охир як мавзуи дигарро, ки як нафр мастчоҳӣ дар нашрияи «СССР» чоп кардааст, ба шумо мефиристам. Ин масчоҳӣ, ки худро З.Дилшод ном бурдааст, дар ҳақиқат як номаи бисёр саривақтӣ дар ин нашрия чоп кардааст, ки он таҳти унвони «Хонаи деҳқон кай гарм мешавад?» дар рӯзи 29-уми январ ба нашр расидааст ва ба чунин зайл аст:

«Маҳдудияти барқ дар ҳамаҷо баробар бошад, майлаш одамро алам намекунад. Мисол мегирем – шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи он шабу рӯз чароғон аст, дар шаҳр ҳатто рӯзона ҳам лампаҳо даргиронанд. Аз мутасаддиён пурсида мешавад, ки мо, ки деҳқонзодаему дар деҳот зиндагонӣ мекунем, магар гунаҳкорем? Борҳо дар матбуот ин муаммо баррасӣ мешавад, аммо касеро парвое нест. Ё мисол орем мактабҳоро, мактаби миёнаи рақами 2-и ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ, компютерҳо ва тахтаи электронӣ таъмин буда, дар фасли зимистон бекор монда, гӯё дар осорхона бошанд.

Шабакаи барқи ноҳияи Мастчоҳ ин ноадолатиро дидан намехоҳад. Бинобарон лимити муайяншуда дар ноҳия номуайян аст, мисол аз кай то кай барқ дода мешавад. Масъулин кадом вақт хоҳанд барқро дармегиронанд ё хомӯш мекунанд. Хонаи деҳқон гармиро намебинад»…

Бародар Муҳаммадиқбол! Дар фароварди номаам ба шумо ва ҳамаи муборизон орзу ва умеди пирузӣ дорам, Пирузии шумо наҷоти Тоҷикистон аз дасти ин хонаводаи гадогушна аст, ки хеле ҳам болои мардум зулму ситам карда истодааст.

Тавилдара

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол! Ман ҳамон бача аз ҷамоати Чилдараи Тавилдара ҳастам. Аммо ман бисёртар дар Душанбеям. Устод акнун хуб гуш кунед. Дар умри сарам аз шароб ва сигору  нос истифода намебарам. Як рафиқам аз ноҳияи Рашт аст ва вай маро занг заду гуфт, ки биё як сайру гашт кунем ва ман бекор будам, рад накардам. Аммо вай шаробу сигор истеъмол мекунад ва маро гирифт ба клуби ноҳияи Рӯдакӣ бурд.

Дар онҷо даромдем. Хеле истодем. 6 — 7хитоӣ омад ва як марди тоҷик бо онҳо буд. Ин марди тоҷик занҳоро аз дасташон мегирифт ва байни хитоиҳо медаровард. Ман дар умрам якум бор буд, ки клуб рафтам ва онҷо нушокиҳои гуногуни спиртиро медидам. Хеле исрор карданд, ки камтар бинуш, қасам ба Худо ягон қатра нанушидам ва дар умри сарам рақс намекунам ва накардаам. Устод бовар кунед, дар пеши шумо дуруғ бошад, дар пеши Аллоҳ рост аст. Тамоми одамон дар онҷо буда дар ҳайрат монданд, ки ман худамро ба ин гуна корҳо қуш накардаам.

Хулосаи гап ҳамин устоди азиз, ки ман хестам аз ҷояму рафтам духтарҳои тоҷикро аз байн хитоиҳо гирифтам овардам ва байни бачаҳо тоҷик мондам. Гуфтам инҷо рақс кун, ба сум шуда миллатро нафуруш. Ман, ки аз Русия рафта будам, дар барам сум доштам ва баччаҳое, ки рақс мекарданд, сум надоштанд ва духтарак ба ман гуфт «ака ман бо хитоиҳо барои пул рақс мекунам вале ягон кори бад намекунам ва дар чашмонаш ашк омад ва баровадам 100 сомонӣ додам. Гуфтам, ки танҳо бо баччаҳои тоҷик, чунки он ҷо русҳо низ буданд ва хитоиҳо берун баромаданд ва мо ҳам баромадем, ки як зани бузбалаи тоҷик дар пешашон. Вай забони хитоиро нафаҳмид, чи гап худо медонад ва хаёл кардам,ки дар тори сарам гранат кафид. Гуфтам эй зан, изо намекашӣ? Вай гуфт, ки кори худатро кун. Ман рафтам занро аз онҷо аз дастонаш қапидам, телааш додам ва хитоиҳоро заданӣ шудам. Ҳамаи коргарони клуб «эй бача ино муштариҳои моҳан» гуфта ба сарам ҳар гап гуфтанд. Хостам, ки ҷанги сахте кунам. Ду баччаи ванҷӣ буданд, ки таксӣ мезаданд ва ба фикрам як бачаи дигар аз Ваҳдат буд, ки вай ҳам хест ва дигарон ҳам хестанд : «Тоҷикистон ба пеш»

Худатон фаҳмед устод! Ман дар Тоҷикистон ҳастам ва ягон илоҷи тамос бо шумо нест.

Устод, бовар кунед, ки ман ҳама вақт тайёрам дар бари шумо мехезам.

Дар Тавилдара ман бисёр месанҷам. Мардуми Тавилдара ва Чилдара беҳад тарсон шудагӣ. Ман дар Душанбе лекин ҳамаи  мардуми Тавилдараро нағз мешиносам.

Ҳоло чанд хабар ба гушам расидааст. Хубтар бифаҳмам боз ҳам бароятон маълумот медиҳам.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №212 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №195
Раҳмонов бар муқобили манотиқи умдатан оппозитсионии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва навоҳии водии Қаротегин сиёсати хасмона ва хушунатбор дорад ва агарчи мехоҳад пинҳон кунад, нонамоён  бошад, вале боз маълум ва рушан аст. Баъд аз онки лидерони мардумии Бадахшонро кушт ва гуё ин вилоятро ҳам ғасб ва истило кард, дигар чокару навкару ходимакони ҳукумати Раҳмонов ин хиттаи дастнахурдаро ба маҳалли даромади худ бадал кардаанд. Аз як тараф пул кор мекунанд аз тарафи дигар «сиёсати Раҳмонов»-ро ба иҷро мегузоранд.

Хоруғ

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман барои аввалин бор ба шумо нома менависам. Феълан дар Санкт-Петербург қарор дорам. Аммо хабарам аз Бадахшон аст. Мутаассифона хабари хуб нест. Ба ман хабар доданд, ки дар вилояти Бадахшон як гурӯҳ ғоратгарону порахурони ҳукумати худкомаи фасодзадаи Раҳмон аз Палатаи ҳисоби назди президент рафта ҳама муассисаҳои давлатиро  проверка гуён азият карда истодаанд. Хусусан аз мактабҳо ба маблағи 5000 сомонӣ, ки аз маблағи тафтиши маориф ҳам бештару  гаронтар аст талаб карда истодаанд. Аз шумо хоҳиш дорам, ки дар барномаҳоятон ин фактро бигуед. Аз ҳама аламовараш ин аст ва инро ман ногуфта наметавонам, ин комиссияи омадагӣ ҳамагӣ намояндагони  вилояти Хатлон ҳастанд, аниқтараш аз Кулоб.

Турсунзода

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Худованд шуморо дар пушту паноҳаш нигаҳбон бошад. Ин нома дар бораи ҳаёти худам ва саргузашти худам ҳикоят мекунад. Моҳи апрели соли 2008 як ҷиноят содир кардам. Бо дӯстонам ҷангҷоли гуруҳӣ кардем, яъне занозанӣ. Хуб дигар ҷавонӣ буд. Аз тарси падару модар ва аз тарси милисабозӣ ба хоҳиши худам ба хизмати ҳарбӣ рафтам. Баҳор буд. Ман ва беш аз 30 касро аз комиссариати ҳарбии ноҳияи Турсунзода ба военкомати марказии Душанбе бурданд. Рафтем, моро ба як казармаи майда дароварданд. Дар он казарма аз чил нафар зиёд буданд. Мо сӣ кас будем. Онҷо 14ҷойи хоб дошт. Вақти намози шом буд, ки дар кострюли алюминий пур аз приловкаи ҷушондагӣ оварданд, бе нон, бо як қошуқ бачаҳо дарунашро кофтан, ба Аллоҳ қасам дар дарунаш муш ҳамаашро расво кардааст. Ҳама зиқу пушаймон. Болои ҳамаи ин беэҳтиромӣ, дашному ҳақорат, паст занӣ. На модар монданду на хоҳару на ҳеҷ чӣ. Намедонм чи гуна хоб равем. Нисфи шабӣ буд, ки аз ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва аз Помир одамони нав оварданд. Ҳамаҷо ифлосӣ. Дарро маҳкам кардаанд. Барои ҳоҷатхона рафтан соатҳо зорӣ мекунӣ. Баъд дарро мекушоянд. Ба ҳамин қадар одам 30 дақиқа барои қазои ҳоҷат вақт доданд.

Одамони зиёд буданд, ки ҳафтаҳо дар онҷо нигаҳ дошта шуда буданд. Приловкаро медиданд, дилашон мешурид, аммо маҷбур мехурданд. Падару модарҳо меоварданд, аммо овардагиии онҳо ҳеҷчи намешуд. Даже як луқмагӣ намешуд. Ман дар онҷо 3 рӯз будам. Бовар кунед, ки ҳоли саг аз мо беҳтар буд. Калони ҳамин военкомат як генерал- майёр буд, қадбаланд, ишками калон дошт. Ва боз ду -се полковники мутакаббири фукчухти бераҳми назарбаланд.
Аз Файзобод як даҳмардаи девонаро оварданд, ранги хар бу мекард. Як вақт яке аз ҳуш рафт, приступаш гирифт, аз даҳанаш кафк мерехт, сарашро дар замин сахт- сахт мезад, меларзид. Даромада ба шата зада мегуянд, ки «дуруға мекуна ин фалони оча» ва боз мезадандаш. Ман бо як нафар берун баровардем. Дар берун боз заданаш, сараш кафид. Мо сарашро бастему боз обратно даровардем.

Боз аз ин бадтар як девонаи дигар аз Ҳисор буд. Ҳардуяшро саҳар дар ҳамин қисми ҳарбии Душанбе, ба политехникум бурданд. Маро бошад ба қисми ҳарбии 26-20 риссовхози Ленинский бурданд. Гуё инҷо тамрингоҳи қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аст ва инҷо 1500 сарбоз хизмат мекард. 22 апрел буд. Шаб омадем. Азоб сар шуд, шатахурӣ, ҳақоратшунавӣ, хуллас азоби саг. Саҳар хестем, як кружка чойи нимширин, 20 грам маска ва 3 бурида(кусок) хлеб. Сарбозҳо нигоҳ мекунанд, мегуянд, ки «ака нахурӣ манда те». Ба номи Аллоҳи меҳрубон қасам дар обед приловкаи ҷушондагии картошкадор кормае, ки мурғ мехурад, ку ана ҳамон хелӣ ҷушонида додандмон. Ҳаррӯз ҳамин ҳолат буд. Мо ки навоҳии аз тобеъи марказ будем падару бародарони ман омада манро зуд зуд хабар мегирифтанд.Аммо сарбозҳое, ки аз Бадахшону Суғду Хатлон буданд, ҳоли хуб надоштанд. Чунон лоғару нотавон шуда дар вақти сафкашӣ аз ҳуш мерафтанд. Ман аз барои коммисават госпитал хов рафтам, бо пули калон. 2 моҳ хоб будам. Аксари касалиҳо курруда ё аппендитсит ҷарроҳӣ мешуданд ва боз баъзеашон грижа оператсия мекарданд. Як хел сарбоз хоя- моя ҳояшон ба мисли пуфак дам мекард. Мепурсӣ, ки чи кор кард? Мегуфтанд, ки аз ҷабри задан, мояаш дам мекардааст.

Онҳоро ҷарроҳӣ мекарданд, аммо на духтур ва на командири часту дигару дигараш намепурсид, ки чаро ба ин ҳолат афтодаӣ?  Боварам кунед ҷавонписарон бе зурриёт аз онҷо мебароянд. Ба ҷое сарбозӣ хидмати ватан мардшудан равед аз онҷо бар акс бармегардед. Дар бораи вазъу шароити беморхонаи ҳарбии Қушунҳои сарҳадии КДАМ гап занам,гапҳои хело бисёр аст.

Боз сайру гашт мебаромадем. Дидам, ки фермаи хук доранд. Гуфтам, ки инҳоро чи кор мекунед? Гуфтанд, ки бонӣ мекунем. Ҳар як хуку хукбачаи фарбеҳе доштанд, ки бениҳоят калон буданд. Гуфтанд, ки барои хуроки сарбозҳо меандохтаанд. Чунон бу мекард фермаи ин хукҳо дар дохили Душанбе. Онҳоро кушта ба беморхона ва военний частҳо медодаанд.

Хулосаи гап инки коммисават нашуда боз рафтам части 26- 20. Ҳаво гарм. Сарбозҳо аз ҳуш мераванд дар зери офтоб. Ғам медиҳанд, ишками гурусна бе мадор мегарди.

Як офитсер омад, ротаи моро бор карду бурд сари замини ангур ва фармуд, ки токҳои ин заминро, ки аз офтисери дигар будааст, хомток кунем. Бовар кунед, ки аз гушнагӣ сарбозҳо баргҳои дарахтони ангрурро мисли чукрӣ ба намак зада хурдем, ки дар дарахтҳо як дона барг намонд, лублучи урён шуданд дарахтҳо. Ҳамон вақт аз хонаи мо ҳеҷ кас хабаргирӣ намомад. Се рӯз аз гушнагӣ барги ангур хурдем. Офитсерҳо омаданду диданд ва то соати 12 -и шаб 150 нафари моро ангурҳоро хурдагед гуфта ғам доданд. Ин части 26- 20 тамрингоҳ набуд. Ҷойи нигоднийҳо буд.

Аз приловкаи чиркину кармаи мурғхурӣ аксари аскарон курруда мешуданд, грижа мешуданд. Онҳоро зада ахта мекарданд, маъюб мекарданд, ҳоли зор доштанд сарбозҳо. Вақти омадан ба хизмат фарбеҳу солим меоамданд аммо дар хизмат касалу лоғар мешуданд.

Моҳи июн моро отправка карданд ба чор тарафи Тоҷикистон. Ман ба Суғд, ба отряди сарҳадии Истаравшан рафтам. Ду рӯз дар отряд будам. Баъд ба дидбонгоҳи сарҳади 8 ба номи Бобо Тағо роҳӣ карданд. Сардори дидбонгоҳ Раҳмон ном дошт. Фамилияаш дар ёдам нест. Рутбаи ҳарбиаш лейтенанти калон буд. Сардори дидбонгоҳ парвои сарбозҳо надошт. Ҳаррӯз дембилҳоро мезаданд. Хонаи хобаш назди казарма буд. Назди тиреза хоб мерафт. Овози задани моро мефаҳмид, аммо парво надошт. Аз шаллоқи зиёд дил беҷо мешудем. Тарафи дембилҳо мегуфт, ки «эй паҳато бо ягонташа накуше, бо да рӯшон назанен, сиёҳу кабуд нашава». Баъд аз чанд рӯз ду сарбоз шикоят кард, ки моро азоб медиҳанд. Пагоҳаш баромада дембилҳоро гуфт, ки «ин ду буза назанен, неки аз задана батар кунен» ва боз гуфт, ки «бо устав ғам тиен орзуи задан кунан».
Ҳамон вақт фармондеҳи қушунҳои сарҳадӣ генерал маёор Шералӣ Мирзо ба дидбонгоҳ коммисия омад.

Эй Шералӣ Мирзо! Омадӣ дидбонгоҳ, класс даромада будӣ, нон ёфта будӣ. Ана ҳамон нон, нони ман буд, баҷоӣ хурда истода будам. Ту ин нонро дида хандида будӣ. Чаро ҷиддӣ тафтиш накардӣ, чаро продуктаҳоро аҳамият надодӣ. Гуште, ки аз тарафи давлат медиҳанд, напурсидӣ, чаро бо сарҳадбонон суҳбат накардӣ, чаро ба мошини ҳарбии ГАЗ-66 аҳамият надодӣ? Вақте ту омада будӣ, се сарбоз дар дидбонгоҳ набуд:-як истаравшанӣ ва ду исфарагӣ. Ҳар сеи онҳо донишҷу буданд. Аммо номашон дар хизмат буду худашон набуданд, яроқҳояшон дар боло-яъне дар криша пинҳон буд. Онҳо се кас гуё наряди сарҳади тарафи чап, тарафи Ниҷони аслӣ буданд. Ҳар вақт комиссия меомад ҳар сеи онҳоро наряди сарҳадӣ менавистанд

Яктоашро пурсидам ҳар моҳ 1500 сомонӣ ба Раҳмон медодааст.

Дидбонгоҳи мо як пост дар Шаҳристон дошт. Ҳар шаб 5  ё ки 7 мошини калони   боркаш меояд. Аз тарафи Тоҷикистон мо сарҳадбонон ҳақи тафтиш надорем. Мо мепурсидем, ки ин чи аст? Мегуфтанд, ки корат набошад. Ё ки мегуфтанд, гушти мурғ ё ки собун. Мегуфтанд, ки мо ҳақи даст задан надорем. Аз тарафи Узбекистон солярка, селитра, мочевин, тарбуз, харбуза ва ҳаргуна чизҳои дигар медароварданд.

Як шаб, нисфи шаб шаш хари болояш пури борро қапидем. Аз даруни сой қапидем. Ду зан ва ду мард меоварданд. Ин ду зан аз Узбекистон буданд. Пурсидем, ки ин чи аст? Гуфтанд, ки дору, доруҳои бисёр қимат. Гуфтем, ки рафтем пост. Он ду зан сраза ба Раҳмон занг заданд. Раҳмон ба онҳо нарасед, гуфт. Даже моро дашном кард ва гуфт, ки ба як сарбоз доруи сардард деҳ. Аммо он ду мард гуфтанд, ки нагиред: «ино доруи соз не. Афзуданд, ки «доданба метием доруву илоҷаш бошад нагир, фоида надорад».

Ин лейтенанти калон Раҳмон аз тарафи Узбекистон як марди шинос дошт. Ин марди узбекистонӣ говҳои Раҳмонро нигоҳ мекард. Хонаи ин мард дар лаби сарҳад воқеъ буд. Ҳар вақт, ки мо сарбозҳоро медид, нону чака медод. Аз гушнагӣ мехурдему хурсанд мешудем. Бисёр вақт мо мепурсидем, ки ба мо нону чака диҳад. Ҳар саҳар Раҳмон шир мехурд. Ҳар саҳар соати 5 мо 2 кас бе яроқ барои шир хонаи ҳамин мард мерафтем. Се бор сарбозҳои узбек сурониданд, аз қафоямон мепаронданд, мо мегурехтем. Ду маротибаи дигар сагҳои он мард суронда як сарбозро газиданд. Аммо вақте бе шир мерафтем Раҳмон боз роҳӣ мекард, шир биёр мегуфт. Қариб як сарбози моро меқапиданд. Мегуфтем биё бо яроқ равем, Ҷаббор не мегуфт. Ҷаббор бо мо ба сарҳад рафта буд. Ин Раҳмон соати 3 шаб аз тарафи Узбекистон гуспанду буз оварда буд, ки онҳоро харидорони истаравшанӣ мехариданд. Чандин бор соатҳои 22 -23-и шаб аз тарафи Узбекистон бо мардҳои шубҳанок   дар лаби марз вохурӣ мекард. Мо ин ҳолатро чандин бор шоҳид будем. Дар як вақту соат ин мардҳо баъди суҳбат дар дасти Раҳмон як сеткаи сиёҳи калонро медоданд. Фақат дар болои сетка нонҳои бозории калон- калон 5 ё ки 6 адад, маълум буд. Аммо сеткаро дар дасти ҳеҷки намедод, то дидбонгоҳ худаш бардошта меомад
Ҳамон вақтҳое ки Раҳмон сардори дидбонгох буд, он вақтҳо зану фарзандҳояш дар Зафаробод зиндагӣ мекарданд. Дузди тапа-тайёр буд. Лекин одами намозхон. Вақте корҳояш соз бошад ва дар дасташ пул омадан гирад, намозҳояшро мехонад. Аммо вақте камтар корҳояш суст бошад, арақ мехурад, намозҳояшро намехонад. Ин хислаташро сарбозҳо медонанд. Раҳмон аз Ховалинг аст. Аз рутбаи прапоршикӣ то лейтенанти калон расидагӣ. Донишгоҳи ҳарбиро нахондааст, аммо «таға» дошт. Раҳмон аз соли 2004 хато накунам то соли 2010 сардори дидбонгоҳи 8-и сарҳадӣ бо номи Боотағо буд. Ба гуфти одамони Душанбе перевод карданд. Ин агар хато накунам фамилияаш Мудинов аст. Шояд хато карда бошаму фамилияаш Мудинов набошад. Баъд аз дидбонгоҳи 8 маро перевод карданд ба тарафи Зафаробод, шаҳраки Меҳнатобод ба дидбонгоҳи рақами 2. Як соли мондагии хизмати аскариро дар назди капитан Тоҷиддин гузаронидам.

Ҳисор

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз Гачаки Ҳисор менависам. Ман мехоҳам барои номаи № 183 илова кунам. Ин бародари дар ҳукумат кор карда, ки аз Гачаки Ҳисор бароятон дар барномаи 183 навиштааст, ҳамаи гапҳояш рост аст, вале дар бораи мактаби байни деҳа чизе  нагуфтааст. Чаро?

Дар деҳаамон як мактаби нимколасохт буд, ки онро пеш аз солҳои 2000 ҷойи он ки соз кунанд ба 500доллар ба Расулов фурӯхтанд. Ин оила плитаҳои мактабро фурӯхт. То он вақте ки ҳукумат сохтанашро шуруъ кард дар соли 2010  натавонистанд кор кунанд. Барои онки ин мактаби куҳнаро фурӯхтагӣ буданд ва барои корро сар кардан бояд Расуловҳоро розӣ мекарданд. Баъдан мактаби куҳнаро  бо мактаби нав иваз карданд, ки дар маркази деҳа қарор дошт. Як сотих замини ин мактабро ба Ҷонибек фурухтанд, ҷои амбори ангиштро. 4 сотихашро ба муаллима Назарова Сурайё доданд. Боқимондаашро ҳамин Расуловҳо- Комил ва  Умед хона карданд. Ин ҳолатро бояд мегуфтед, ки дар 500 доллар соҳиби 40 — 50 сотик замин шуданд. Дар ҳоле, ки дар маркази деҳа як сотих замин 5000доллар меистад. Ҳоло бубинем, ки амният зур аст ё Ҷамол,  Гулбаҳор, Нуралӣ,  Баҳодур Ёрмаҳмад ё Расуловҳо. Ман аз номи халқи Гачак гуфтаниам, ки замини мардумро холӣ кунед.

Ногуфта намонад Расулов Ҷамолиддин, ки дар хариди бинои мактаб даст дорад, бо бародаронаш як сол пеш бо гумони одамфурӯшӣ дастгир шуд. Бародараш Иззат бо тахаллуси муломошеник дар адлия кор мекунад. Ва гап-гап аст ки бояд бародарашро дар авф барорад. Ҳоло чӣ шуд намедонам.

Қубодиён

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз Қубодиён менависам. Дар бораи Абдураҳмон, вақтҳое ки дар Қубодиён буд ва дар бораи Лутфуллои гаишники Шаҳритуз менависам

Биёед аввал дар бораи Лутфулло гап занем. Ин ҳаромхур солҳои 1998 дар ноҳияи Шаҳритуз дар қисми ҳарбии Бобоҷон гуфтанӣ як командири ҳаромхури дигар, ки мардуми Шаҳритуз, Бешкент, ва Қубодиёнро ба дод оварда буд, хизмат мекард.
Баъди хизмат ба милисаи ноҳия ба кор даромад. Барои он ки дар онҷо язнааш Нуъмонов Раҳматулло началники милитсия буд, рутбааш полковник, инсони хуб буд, бо ҳама муомилаи хуб дошт. Пешаш мерафтӣ нағз қабул мекард.

Ин Лутфулло оҳиста ба ГАИ гузашт ва баъд сар кард ҳаромхуриро. Уро боз як ҳамраҳаш буд номаш Умед. Вайро ҳама Умеди сиёҳ мегуфтанд. Ягон 45 кг вазн дошт. Умеди сиёҳро шербачаҳои Қубодиён зада нимкуштааш карданд ва он қадар издеватсия карданд, ки беҳисоб. Ин Умеди сиёҳ ду нафари онҳоро ба муҳлати 5 солӣ шинонд. Вақте Лутфуллои ҳаромхур ба кор омад либоси пушиданӣ надошт. Якбора нодида диду сар кард ва ҳамин хел то ҳозир мардумро ғорат карда гаштааст.
Мегуянд, ки дар милиция 25 сол кор кунӣ ба нафақа мебароӣ. Инҳо қариб, ки 30 сол шуд дар милисаанд, аммо нафақа намераванд, ё инки сини нафақа ба инҳо дахл надорад?

Акнун меравем ба Қубодиён.  Дар вақти Союз як бародари Абдураҳмон Бузмаков-Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар банки ноҳия кор мекард.
Ин бародари Абдураҳмон, ки вай ҳам фамилияаш Бузмаков буд барои ҳама намуд сейфҳои оҳанин калид мекард, сейфи бе калидро мекушод. Худи Абдураҳмон дар мактаби рақами 1ноҳия мехонд. Мактабро хатм кард, баъд ба фирмаи акаи Фозил Насимов ба кор даромад ба ҳайси нармировшик. Дар он вақт бародари акаи Фозил дар ноҳияи Шаҳритуз прокурор буд, номаш Фаррух Насимов- хело одами босаводу ба маънӣ буд. Ҳозир дар қайди ҳайёт нест. Ин Насимовҳо ҳамаашон хондагӣ. Дар оила 5 нафаранд, ки ҳамаашон маълумоти олӣ доранд.

Генерал ҳаминҷо кор карда мегашт. Як ҷавони спокойнии бо ҳама хушмуомила буд. Акаи Фозил генералро ба мактаби МВД дохил кард. Мактабро хатм кард ва ба ноҳия ба кор омад. Агар хато накунам соли 1995 буд. Уро помошники уголовного розыска монданд ва аллакай дар соли 1996 начальник уголовного розыск шуд.
Соли 96 бачаҳои Қубодиён муқобили бачаҳои марказ митеж карданд. Дар як шаб отдели милисаи ноҳияро бо постҳояш гирифтанд. Ҳамаро заложник гирифтанд. Онҷо генерал ҳам буд. Акаи Фозил он вақт дар хонааш қариб 50 нафар армияи худашро дошт. Миёндаро шуда генералро то ноҳияи Ҷилликул бурда гурезондан ва генерал рафт халос шуда буд.
Бародарони қубодиёнӣ бачаҳои ғаюр буданд. Ҳоло ҳам ғаюранд. Дар он вақт командир бо номи Бахтиер бо Маҳмуд Худойбердиев якҷоя шуда миёни бачаҳоро шикаст, вагарна Қубодиён шермардони бо нангу номус бисёр дошт ва дорад.
Бародар Муҳаммадиқбол, ман бо шумо ҳамкорӣ доштам ва ҳоло ҳам дорам. Дар номаҳои оянда мушаххас кунам дар бораи ҳоҷӣ Равшан менависам, ҳоҷӣ Равшан бародари Шоҳзамон, командири Фронти халқӣ. Дар бораи инҳо ман навишта будам. Боз бо фактҳои нав ва ногуфта менависам.
Исфара

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз Найман ду нома фиристода будам, ки худоро шукр ҳардуяш ҳам барнома шуд. Инҳо он қадар пул ҷамъ карданд, аммо боз камӣ кардааст. Ҳоло бошад аз бизнесменҳо ва аз халқ боз пул мегузарад. Дар гурӯҳи Найман партофтан, ки ҳар хоҷагӣ 300 сомонӣ ҷамъ кунад. Чи магар ин мардум заводи пул дорад чи? Ё ба мисли Раҳмонов гови пул мезойидагӣ дорад? Ин мухоҷир обедашро эконом карда ба фарзандаш дорую таблетка мехарад. Барои хонаашро гарм кардан ангишт надорад. Аммо ин чоплуси Аҳмадов Сарвар боз пул мегуяд ва боз аз призивникҳо пул меситонад. Ҳар як призивник ба маблағи аз 3 ҳазор сар мешавад. То 15 ҳазор ҷамъ доранд, ки мо аз дигар район салдат мехарем гуфта гирифта истодаанд. Нашавад дар Найман як  заводи пул мекушоем ва аз ҳамон ба чопикҳои Раҳмонов медиҳем. Халқ ба ҳамин нимча муллоҳо бовар карда пул мепартояд. Яке аз ин нимчамуллоҳо қорӣ Ином.  Дар видео ҳаст дар группаи Найман. Ба ҷои насиҳат гап фақат аз садақа мепурсад, муред садақа наталбида.

Эй, халқи Тоҷикистон ва асосан ба Найманиҳо! Шумо худатонро худатон аз дасти ин хел навкару чоплусҳои Раҳмонов халос накунед ҳолатон ҳамин хел мемонад, ҳар рӯз пул мегирад ва масҷидатонро то рузи қиёмат намекушояд ва то рӯзи қиёмат пул ҷамъ мекунанд.

Бубинед, ки дар группаи Найман чи навиштаанд:

«Найманиҳои азиз, бародарон салом. Ин отчёти пурраи асфалт. Ин саҳар дар намози бомдод маслиҳат карда ба ҳама фаҳмондем, ҳама тасдиқ карданд. Одамҳои пул додагиро ҷудо кардем, одамҳои пул надодагиро пагоҳ списка мекунем. Ба ҳар як сари хоҷагӣ 300 сомонӣ қарор кардем. Худо хоҳад қарзи мондагиро аз одамҳои пул надода ҷамъ мекунем. Бародарҳо ба дастгириатон раҳмат. Худованд кушоиши корҳоятонро диҳад. Дар паноҳи Худо бошед.»

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №195 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №174
Бо таваҷҷӯҳ ба онки матолиби мунташира дар «Ислоҳ» дер ва ё зуд аз тарафи мақомот ва масъулони давлатӣ мавриди бозҷуӣ ва баррасӣ қарор мегирад,бархе аз муаллифони зирак ва огоҳи «Ислоҳ» саъй мекунанд, ки як шумораи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ба масоил ва мушкилоти ноҳияи онҳо ихтисос дода шавад. Матлаби зер аз се номаи як муаллифи мо, ки худро «Ҷагаи ҷайҳунӣ» муаррифӣ кардааст, таҳия ва тасниф шудааст.

Қаблан ҳам мо як шумораи «Номаҳо аз ноҳияҳо»- №168-ро махсус ба БОХТАР бахшида будем. Барномаи навбатии мо ҳам идомаи чунин таҷриба аст ва агар хонанда ва бинандаи азизи мо бихоҳад, ки роҷеъ ба мушкилоту муаммоҳои ноҳия,  шаҳр ва маҳалли зисти онҳо барномаи вижа омода ва тақдим гардад, бояд матлаби муфассал бифиристад. Мисли бародар «Ҷагаи ҷайҳунӣ», ки бо дуруд ба мо ва бародарони мубориз номаашро ҳусни оғоз бахшидааст:

Ҷайҳун (Қумсангир)

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устод Муҳаммадиқболи Садриддин ва кулли бародарони роҳи ҳақ. Ман ҳастам Ҷагаи ҷайҳунӣ! Бароятон аз ноҳияи Қумсангир, Ҷайҳуни имрӯза се нома мефиристам. Хоҳиш мекунам, ки номаҳои фиристодаи маро дар як барномаи алоҳида нашр ва навор кунед.

Номаи№1

Раиси ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангир) кист ва бо мардуми инҷо чи кор карда истодааст. Ин нома дар бораи мардуми ноҳияи Ҷайҳун ва дар бораи раиси ноҳияи Ҷайҳун аст. Раиси ноҳия зодаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон номаш Абдулҳафиз Одиназода- як кали хунуки порагир ё коррупсионер мебошад. Ҳама медонад, ки як имзояш на камтар аз 100 доллар $ нарх дорад. Вазифаи раисиро харидагӣ аст ба монанди раисони дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар. Дар ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода қонунӣ бозори Гипрозем кушода буд. Дар круги рафиқонаш чандин бор гуфтагӣ аст ки «ман ин вазифаро бо 100 ҳазор $ харидагиам. Бояд як сол ношуда ман ин пулро барорам бо %. Ман гап занша фалон кардагиюм».

☐ + -100 000$. Деҳқонҳоро миёнашонро шикастагӣ аст. Маҷбур мекунад, ки пахта коранд ва ба ширкати пахтатозакунии (Муҳиб ё Раҳматулло ё Ҳасану Амирулло) хусурбачаҳои Эмомомалӣ Раҳмонов  фурӯшанд. Ин ширкатҳо пахтаро беҳад арзон мехарад ва дар пардохти пул ҳам задержка мекунад. Мардум барои ҳамин намехоҳанд дигар тамоман пахта коранд. Агар кориданд ҳам коре карда ба ширкати хитоӣ мефурӯшанд. Ин ширкати хитоӣ бо нархи каме баландтар ва пулро дар ҷояш медиҳад.

Налогро беҳад баланд кардагианд. Шахсоне, ки дар ҷамоату маҳаллаҳо бузӣ-хабаркашӣ иҷро мекунанд ё аз налог озоданд ё налоги паст месупоранд. Аз ҳама муҳимаш ин аст,ки ягон кас ғамашон намедиҳад. На учаскавой, на налог, на қувваи барқ, на экология ва на землямер. Бо касофатии ана ҳамин Абдулҳафиз Одиназода  ҳама  раиси ҷамоату маҳаллаҳо буз шудагӣ ҳастанд. Ва ҳатто мардуми оддӣ ҳам  бузи мекунанд, намедонам барои чи? Охир зиндагии мардум беҳад мушкил шудааст аз он ҷумла аз ҳамин бузҳо низ. Худо ҷазояшонро диҳад.

Дар ноҳияи Ҷайҳун  мардуми помирӣ, ҳоитӣ, тавилдарагӣ, обигармӣ, туркманҳо ва лақайҳо зиндагӣ мекунанд. Бисёри бузҳои маҳаллӣ аз мардумӣ ҳоитӣ ҳастанд. Дар шуъбаҳои умури дохилӣ ва амният аксарият ховалингиҳо кору фаъолият мекунанд.

Началники отдел, паспортный стол, раиси ширкати Барқи тоҷик, сардори Идораи андоз, экология, раиси кумитаи замин ва ғайраи ноҳияи Ҷайҳун ҳамаашон як порагир ва коррупсионерҳои ашадӣ ва бе раҳм ҳастанд.

Бале, устод ончи шумо дар бораи фоҷеаи бозори Ҷайҳун (сухтор) гуфта будед, 100% рост буд. Абдулҳафиз Одиназода ва кормандони умури дохилӣ хабар доштанд. Барои ҳамин то ҳол ягон кас дастгир нашудааст!

Дар бисёри ҷамоату маҳаллаҳои ноҳияи Ҷайҳун трансформатор намерасад. Ин лаънатиҳо  аз ӯҳдаи вазифаҳояшон набаромада истодаанд! Эмомомалӣ Раҳмонов инҳоро ту ва оилаи хоинат ба болои мардум роҳбар мондаед! Гури беваи Марями ачат ғраб-ғраб даргира бо ин давлатдорият ва низоми кории мақомоти фасодзадаат!

Ноҳияи Ҷайҳун ба як чанд қисмат ҷудо шуда, бо номҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9   маъруф гаштаанд. Дар шашум (6)  як наркобарони машҳури хайрхоҳ буд, бо номи

Ҳикмати наркобарон ва ё Ҳикматчаи шашумӣ. Ба монанди Мулло Раҷу ва мудир Исои наркобарон машҳур буд.

Дар Шашум нисфи як кӯчаро харидагӣ ва хонаҳои замонавӣ сохтагӣ аст. Ва ҳатто аз кори ин Ҳикмат кормандони амниятӣ ва раиси пешини ноҳияи Қумсангир хабар доштанд. Ба ӯ пешниҳод карда буданд, ки биё ана ҳамин қадар пул деҳ, вазифаи началники милисаи ноҳияи Қумсангир ё Ҷайҳунро медиҳем ба ту. Медонед, Ҳикматча чи ҷавобашон дода буд,»мн задагиюм итари вазифаи началники милисатуна, мна дар кор нес ихели вазифаҳотун. Ҳамаи мардм медуна, ки да ихели вазифаҳо раису началник беимонтарин одамо мешинанд.»

Ин Ҳикматчаи шашумӣ ҳар гоҳе ки аз сарҳад наркотик мегузаронд пули ба даст овардаашро нисфашро ба худаш мегирифт, нисфи дигарашро барои мардуми Қумсангир маҳсулоти хӯрока аз ҷумла  орд, равған, гӯшт, пиёз, картошка, сабзӣ, шакар ва қанди сафед ва ғайра тон-тон хайр мекард. Ба ҳар баҳона ин Ҳикматчаи шашумиро фиреб карданд ва ба ҳабс гирифтанд. Дар он ҷо ба вай чи намуд сӯзандору карданд, ки  девона шуд ва баъди 5-6 сол аз дунё гузашт. Ростӣ гап солҳои аниқи фаъолияти Ҳикматча дар ёдамон нест, лекин тақрибан аз солҳои 1998 то 2008 — 2009сол кор кард ва дар охирҳои 2009  подстава шуд. Вазифаи наркобарониро дар ноҳияи ҶАЙҲУН  намедонем кӣ ҳозир роҳбарӣ мекунад. Агар гӯем,ки дар Қумсангир ҳоло ягон шахсияти бообурӯй ва мардумӣ ва ё чуноне,ки шумо мегуед ЛИДЕРИ МАРДУМӢ намондааст. Ҳар касе сар баровард яксара ҳамаашонро азбайн бо ҳар роҳе бурд. Медонед,ки Қумсангир чихел мардуми диндор ва маҳзабӣ буданд бовар кунед ҳозир мулло ва қорибача аслан вуҷуд надорад. Ҳар касе буд дар хориҷ хондагиҳоку тамоман зиндонӣ шуданд , дохил хондагиҳо ҳам намондааст. Дар умум ҳозир Қумсангир дар бадтарин ҳолати бе маърифатӣ ва бе ҳувиятӣ қарор дорад.

Аз номи зану мард, пиру ҷавони ноҳияи Ҷайҳун гуфтаниам:

Истеъфо! Истеъфо! Истеъфо!Эмомалӣ Раҳмонов, хоини миллат!

НОМАИ-2

Ҷамоати Истиқлол-7 Победа, деҳаи Телман

Дар ин  ҷамоати мо бузҳои 2 пои шохдор беҳад  зиёд шудаанд. Аз ҷумла раиси пешини ҷамоат номаш Ислом, ки обигармӣ буд ва раиси ҳозираи ҷамоати Истиқлол номаш Рашид, ки пештар директори мактаб буд пора дод ва раиси ҷамоат шуд, аз 9-квартал аст. Раҳимбек, Ҷаҳонгир Искандаров Толибу Бахтиёри облавачиҳои буз.

Дар бораи ҷиноятҳои  Ҷаҳонгир Искандарови буз  дар яке аз шумораи «Номаҳо аз ноҳияҳо» гуфта будед, ки чи гуна духтари ноболиғи хурдии муаллими Рустамро таҷовуз кард. Шикоят карданд, ҳеҷ кас ба додашон нарасид. Вақте ки шумо дар яке аз «Номаҳо аз ноҳияҳо» гуфта гузаштед, як, ду рӯз ногузашта аз вазифа гирифта будандаш. Якчанд вақт гузашту боз пораи калонтар дода ҳоло дар вазифааш кор мекунад. Ҳоло ҷавононе , ки мехоҳанд оиладор шаванд ба пеши Ҷаҳонгири буз омада аз 5000 сомонӣ то 12.000 сомонӣ доля медиҳад, ки облава ғамашон надиҳад то тӯй гузаштан. Ин долягириро худи Ҷаҳонгир Искандаров пешниҳод кардааст. Землямери нав шудагӣ бо учаскавойи ҷамоат шиносанд. Мардумро подстава, бузӣ, дуздӣ ва чоплусӣ  мекунанд. Аз мардуми оддӣ бобои Мулло, Додарбеки доктор, Сайдикром, Ризвони охранник, бобои Мурод ва бачаву набероҳояш, Қорӣ Ҳабиб  ва ғайра. Коратро бе пора буд намекунанд. Ҷамоати Истиқлолро ин худозадаҳо ранги бизнеси шахси  кардагӣ ҳастанд. Дар ин ҷамоати мо агар тӯй шавад иҷозатнома аз ҷамоат аз 150 сомонӣ боло. Шаҳодатномаи никоҳ ва шаҳодатномаи таваллуд аз 160 сомонӣ боло. Як моҳ пас боз ҳамон ҳам тайёр мешавад.

Ҳамаи мардум аз вазифаи муаллимӣ, раиси маҳалла ва муллову муаззинӣ мегурезанд, намехоҳанд. Муаллим маошаш беандоза кам аст. Дар мактаби рақами 7-и  ҷамоати мо муаллим намерасад. Директори пешин мактаб номаш Рашид буд. Дар дуздиву порагирӣ профессионал шудагӣ. Пораи калон дода ҳоло раиси Ҷамоати Истиқлол ( 7-Победа) аст.

Директори ҳозираи мактаби миёнаи умумӣ № 7 –и ҷамоат  насабаш Бураков аст. Аз талабаҳои мактаб бо ҳар баҳона пул мегирад. Барои китоб аз синфи 1то синфи 11 аз 100 сомонӣ то 180 сомонӣ зиёд пул талаб мекунад. Аз масҷидҳо пул талаб мекунанд, ки дар зимистон барои мактаб ва духтурхона (болнитса) ҳезум ва кумур таъмин кунанд.

Раиси пешини земломер номаш Зикрулло ва бандааш замини мактабро ғайриқонунӣ ҳуҷҷат карда агар хато накунам ба Шамсиддин ном як шахс аз маҳаллаи Андреев фурӯхтанд. Ҳоло дар ин замини мутааллиқ ба мактаб, ки фурӯхта шуд, як майдони варзишӣ сохта шудааст, лекин пулакӣ аст. Ҳоло боз он земламери пешина Зикрулло аз пули заминфурӯшӣ муовини раиси ноҳия таъин шудааст.

Чаро то ҳол аз тарафи мактаб ягон шикоят нашудааст, бигзор аз рӯи қонун кор кунанд ва ин майдони  варзиширо ба  мактаб  диҳанд, барои он ки талабаҳои мактаб бе пул тамрину бозиҳои варзишӣ кунанд. Муаллимҳо ҳама дар Русия аз сабаби камии маош. Агар мулло ё муазинӣ масҷид шавӣ, ту бояд бузӣ кунӣ мардумро. Агар намекунӣ бачаҳоятро аблава кулулапеч карда военкомат мебаранд. 2-3 муллоимомеро медонем, ки ба онҳо ҳамин гуна пешниҳод карда буданд ва онҳо розӣ нашуданд. Як ду сол мешавад, ки дар мавсимҳои хизмати ҳарбӣ дар дохили масҷидҳо, мактабҳо ва ҷамоат қуръаппартоӣ мекунанд.

Ҳамааш як фанду фиреб аст. Агар пора  додӣ номи бачаҳоятро  намепартоянд дар дохилӣ қуттӣ ва ё банка. Бузҳои ҷамоат фарзандонашон на хизмат кардаанд ва на хизмат мераванд.

Духтурхона ва ё (болнитсаи 7) коргар намерасад. Сардухтураш ва ё терапевту хирургаш аз худи Киров. Миллаташ хато накунам лақай, бо забони тоҷикӣ бо аксент гап мезанад, меафтӣ аз ханда дар гапзаданаш.

Бемор омад ба ин бемористони 7. Соҳиби бемор бояд ҳамаи доруҳояшро тез харида барад, барои он ки ягон дору нест. Агар ҳам бошад дору, просто барои показуха мондагӣ. Як сузандоруро 10 сомонӣ ва капельницаро 15-20 сомонӣ мегузаронанд. Ин ҳамааш пора (коррупсия) аст. Инҳо бояд ҳамааш бепул бошанд. Барои он ки ин беморхона (болнитсаи-7  давлатӣ аст. Сардухтур (главврач)-и пешин номаш Бахтиёр буд, шахсӣ соз буд, мардум шикоят намекард ва то ин дараҷа порагирӣ набуд.

Заминҳо ва ҳавзҳои  духтурхонаро, ки барои партовҳои беморхона буданд, ғайри қонунӣ ҳуҷҷат карда фурӯхтанду хонаву дар рост карданд. Заминҳо ва ҳавзҳои ин беморхона дар красная зона) ҷойгиранд. Фурӯхта намешаванд!

Писарони ҳозираи раиси маҳаллаи Яхакпаст ҳоҷӣ Аслон Қурбонов ва  бародараш Рустам  Қурбонов ва домодаш писаронӣ Ёқубиҳои гуреза мешиносанд. Заминҳову ҳавзҳои беморхонаро ғайриқонунӣ  ҳуҷҷат карда фурухтанд. Ҳоҷӣ Аслон раиси ҳозираи маҳаллаи Яхакпаст ва писараш муллоимоми масҷиди ҳамин маҳалла аст.

То ин дам дар ин масҷид кадом муллоимоме, ки таъин мешуд аз барои Аллоҳ гуфта бе маош муллоимомӣ мекард. Ҳоло аз мардуми бечора пул ҷамъ карда маоши муллоимомро медиҳанд (500-600 сомонӣ). Аммо бузии раиси ҳозираи маҳаллаи Яхакпаст ва муллоимомро надидаем.

Бузи Саидикром, ки дар боло зикраш кардем. Як алкаши пиёниска, ки ҳамсояҳову ҳаммаҳаллагҳояшро бузиву подстава мекунад. Ягон ҳамсояаш ё бачаҳои ҳамсояаш тӯю маърака кунад ва ё дарахтҳои замини худро бурӣ ин буз сурат мегирад ва ба  учаскавой хабар медиҳад, экологияро занг зада бузӣ мекунад.   Худо ин бузро задаасту худаш дарак надорад. Духтараш бероҳа, келини хурдиаш  аз писари хурди ин буз ҷудо шуданӣ буд. Келинаш ягон чиро медиду медонист, ки  намехост бо инҳо зиндагӣ кардан.

Бобои Мурод бо бачаву набераҳояш ҳамаро задагӣ. Ин бобои Мурод чи хеле ки худаш нақл кардагӣ аст дар иду маъракаҳо ба қавле дар вақташ Шералӣ Гулов вазири энергетикаи Тоҷикистонро дарсу таълим додагиаст. Муаллими вазир буд дар вақташ. Ҳозир катагариву дуздиву бузиҳояшон аз ҳад зиёд шуда аст. Набераҳои духтариаш қариб ҳамааш бероҳа аз даврони мактаби то ба шавҳар баромаданашон. Инҳоро ҳам Худо задааст дарак надоранд.

Ризвони охранник дар Спитаменбанки маркази ноҳияи Ҷайҳун кор мекунад. Рутбаи старшина дорад. Бо либосҳои охранникӣ дар дохили ҷамоати Истиқлол  мошинҳоро манъ карда ба монанди БДА пул мегирад. Бузӣ ҳам кардагист бо облавачикҳо.

Қорӣ Ҳабиб, чандин сол фолбиниву ҷодугарӣ мекард. Баъдтар бузи ҷамоат шуд. То он даме,ки дар  хонааш бачааш Мустафоро аблава дастгир кард,  6-8 моҳ хизмат нокарда бачаш аз сабаби бисёр бад задан касалӣ (не годнӣ) шуд. Худо бизанад Шерали Мирзоро бо ин военкомат хизмати ҳарбӣ

Ҳоло намедонам ин қорӣ Ҳабиб боз бузӣ мекунад ё не. Инро ҳам хонаи духтараш вайрон шудагӣ. Духтараш бева шудагӣ дар хонаи падараш қарор дорад.

Хитоби ман ба Прокуратураи генералӣ ва ба  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ба Вазорати корҳои дохилӣ  ба Ожонси зиди фасод ва коррупсия ба вазорати   мудофиа, ба вазирҳо ва дастгоҳи Президент ва ба худи Эмомомалӣ Раҳмонов, аҳамият диҳед, марҳамат таҳқиқ кунед, санҷед.

НОМАИ-3

Мардуми ҷамоати Истиқлоли мо намози ҷумъаро дар масҷиди Лаби ғори 9-квартал (катлаван)мехонанд. Роҳе,ки  9 (квартал) -ро бо дигар ҷамоатҳо мепайвандад пул (мост) тез -тез хароб мешавад. Мардуми бечора пул ҷамъ карда обод мекунанд. Абдулҳафиз Одиназода  кӯру  кару гунг шуда инҳоро намебинад. Дар ин масҷиди ҷумъа  аз даҳони имомхатибон ягон амри маъруфи соз намешунавӣ. Ба ҷойи амри маъруф варақаҳои КДАМ ва ВКД — ро қариб 2 соат мехонанд ва он ҳам аз рӯйи варақҳо. Мардум медонанд, ки ҳамааш дурӯғи маҳз аст. Дар ҳар як варақа қариб 20-25 маротиба ҲНИТ — ро террористӣ ном мебаранд. Ва қариб 10-15 маротиба Эмомомалӣ Раҳмоновро таърифу тавсиф ва ном мебаранд….

Эй имомхатибу домуллоҳои чоплус аз Худо наметарсед шумо? Масҷид ҷойи таърифу ташвиқи президент нест охир. ҲНИТ то 2015 сол аз шумо домуллоҳо, эшонҳо, қориҳо, муаззинҳо ва мардуми оддӣ пуштибонӣ карда буд. Охир ҲНИТ қариб 10 сол мешавад нест ҳоло ҳам чаро номашро мегиред ? Магар дар ин қариб даҳ сол бе ҲНИТ Раҳмонов чи фоида овард ба ҳаёту зиндагонии шумо, як бор мард шавед!

Намефаҳмам чоплусӣ дар минбари Расули акрам (саллаллоҳу алаҳи васаллам) кори нобахшиданист. То ҷое,ки ман медонам дин аз давлат ҷудост. Мулло кори динии худро  кунад. Наход ҷавононро ба роҳи рост даъват кардан амри маъруфи оддӣ кардан натонед? Наход насиҳат карда натавонед,ки Қумсангир ба чи фасодҳо ғутавар аст ва ин ҳамаро мебинед бо чашмони саратон? Наход бар алайҳи маводи мухаддир ва шаробнӯшӣ ва бероҳгардӣ суҳбат кардан натавонед,ки фарзандони ин мардум бероҳа нашаванд? Охир ТВҳо Радиоҳо ва ҳама мактабу ҷамъомадҳо мадҳу ситоиши Пешворо мекунанд ва як ҳамин масҷидро ҳам бе сиёсат натавонед гузоштан? Камтар мард шавед. Қумсангире домулло Муҳаммадӣ ва уламои бузурги дигар буданду мардум аз онҳо рӯҳия мегирифт ба ин рӯзгори бад гирифтор шудааст.

Давлат — кори давлатии худро кунад.

Боз инро ҳм бигуям, ки беқадртарин шахсҳо дар Тоҷикистон ин домуллоҳо, эшонҳо, қориву муазинҳо шудаанд. Афсӯс!

Хитоби ман «Ҷагаи ҷайҳунӣ» ба мақомдорон ва Эмомалӣ ва оилаи яъҷуҷ ва маъҷуҷаш!

Дар муддати 32 сол барои ин кишвар ягон кори хубе накардӣ, баръакс як режими хунхорро, ки халқи тоҷикро чи дар дохил ва чи дар берун аз Ватан таъқибу зиндонӣ мекунад, ташкил кардед.

Худо ҳамаи ин ҳукуматдорону мақомдорон ва дар раъси ин ҳама Эмомалӣ Раҳмон ва оилаи ҳаромашро хору залил гардонад. Агар аз осмон  ситораамон биёред, дигар  намехоҳематон.

Эмомалӣ Раҳмонов Аллоҳ шоҳид аст ончунон дар Қумсангир мардум ба ту ва оилаву мақомотат нафрат доранд ба Худо қасам ҳеҷ оилае нест,ки аз ту ва мақомоту оилаат зарар надида бошад. Имрӯзу фардо ҳатман мемурӣ умрат ба ҷое расидааст даст аз зулм ва ситам бардор пеш аз рафтанат.

Эмомалӣ Раҳмонов на худатро, на Рустами герчику на Озодаи қили аспатро  мехоҳем!

Истеъфо, истеъфо, истеъфо!

Бураков Нуралӣ — директори мактаби миёнаи умумӣ — 7

Ҳасанов Рашид — раиси ҳозираи ҷамоат

Учаскавой собиқ — Алишер ( старший летейнант) хато накунем.

Землямер (заминсоз) — Одил ном дорад!

Инҳо ҳамааш аз ҷамоати Истиқлол деҳаи Телман

P.S

Танҳо ҳаминро афзуданиям, ки бо Ислоҳ ҳамкорӣ дошта бошед аз гуфтани камбуду навоқиси рӯзгор наҳаросед. Ҳатман мебинанд, мехонанд ва пайи санҷишу тафтиши ин ҳама мешаванд…

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №174                       появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №135
Дар яке аз номаҳои пешина аз он гуфта будем, ки ду муовини Зайнулло Соҳибов, раиси Агентии  хариди  давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоҷӣ Зайнулло, бародари Шамсулло ва ҷияни Зоир, домодҳои Эмомалӣ Раҳмонов) аз тарафи Оҷонсии мубориза бо фасод дастгир вале чанд рӯзи пас бо додани забонхат, ки маҳалли зистро тарк намекунанд раҳо шуданд. Ин ду нафар барои обу лойи як миқдори калони  пули вазорати мудофиа муттаҳам дониста мешуданд.

Дар феврали соли ҷорӣ дар як нишаст Оҷонси мубориза бо фасод аз «обу лой»-24 миллион сомонӣ, муодили 2 миллион доллар хабар дод. Он вақт расонаҳо навиштанд, ки «ин пули калонро аз буҷаи давлат барои ғизо ва либосу сафарҳои хидматии сарбозону афсарон ва таъмири қисмҳои фарсудаи ҳарбӣ ба вазорат додаанд, вале он барои ҳадафҳои дигар сарф шудааст.Насриддин Низомзода,сардори Раёсати тафтишотии Оҷонси зидди фасод гуфт, феълан қисме аз ин маблағро ошкор кардааанд”.

Дар ҳақиқат аз тарафи Агентии мубориза бо коррупсия дар зерсохторҳои вазорати мудофиа санҷиши молиявӣ идома дорад ва 19 миллион сомонӣ маблағҳои азхудкарда ошкор кардаанд.”Ин нашрия аз қавли Насриддин Низомзода навишт,ки дар робита ба дуздиву истифодаи ғайриҳадафмандонаи пули давлат ба зидди сардори раёсати молия ва буҷаи вазорати мудофиа ва чанд мақоми дигари ин ниҳод парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Дар умум 7корманди вазорат ба “Аз худ кардани пули давлат ва исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон” муттаҳам мешаванд».

Баъди ҳамагӣ чанд рӯз бо имзои Раҳмонов чаҳор нафар аз муовинони вазири мудофиа барканор карда шуданд. Вале ба назар мерасад, ки қазияи «обулой»-и пулҳои ин вазорат «оборот» мегирад. Номае ба дасти мо расидааст, ки мегуяд ҳолу вазъи генерал Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа ҳам сахт бад шудааст. Феълан ин қазияро вазорати молия ва Палатаи ҳисоб расидагӣ доранд ва ду муовини вазири мудофиа Шералӣ Мирзоро ҳам шинонидаанд.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман исмамро нагирам ҳам шумо хоҳед фаҳмид, ки корманди мақомот ҳастам. Гап дар бораи вазорати мудофиа меравад.

Агентии мубориза бо коррупсия як- ду нафарро боздошт мекунад, бо иттиҳоми  рупуш кардан ва насупоридани налог. Баъдан маълум мешавад, ки инҳо фирмаҳои однодневка будаанд. Яъне алик -малик ва маблағҳои калону зиёдеро чи бюҷетӣ ва чи дигарро обу лой кардаанд. Баъди он ки тафтишот сахттар рафт, аз ҷониби нафарони болову поён дахолат сар шуду маблағҳои хуб ҳам барои дальше накофтани кор пешниҳод шуд. Аммо пешбарандаҳои кор, яъне муфаттишон ба директори Агентии коррупция ҳолатро расонданд. Директори Агентии коррупция маводҳоро талаб карда дид, тар кард. Дар он обналичкаи сумҳои бюҷетии вазорати мудофиа буд. Директори Агентӣ Султонзода Сулаймон, ки уро шогирди Юсуф Раҳмон мегуянд, рост пеши Юсуф Раҳмон рафту ҳолатро гуфт. Юсуф Раҳмонро Худо дод. Гуфт кофтан гиред. Ҳамин хел кофта истодаанд, ки чаҳор генерали вазорати мудофиа ҳоло маҳкаманд. Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа тар карда, шиштагӣ. Маблағҳои калонро аз чанд статяҳои бюҷети вазорати мудофиа обналичка кардагианд. Дар ин кор чандин одамҳои калон аз Минфин ва дигар сохторҳо қушанд.

Юсуф Раҳмон ба Сулаймон Султонзода гуфт «кован одамот. Особенно цепочка ба СС.Ятимов ва Раҳим Рамазон ёван зур меша».

Дар тарафи Айнии вилояти Суғд қишлоқе ба номи Урметан аст, ки қисме аз онҳо дар алик- малик, обналичка даст доранд. Ҳар кадомаш чандтоӣ фирмаҳои однодневка доранд ва дар ивази фоизи паст калаву пуст обналичка карда медиҳанд. Ин урметаниҳо қариб 25 сол зиёд аст, ки даст ба ин кор даст доранд. Айни замон бошад мардуми Восеъ ҳам дар ин кор даст доранд. Онҳо ҳам чандтоӣ фирма кушода калаву пуст зада истодаанд. Урметаниҳо дар микрорайони 82 –и Душанбе меистанд. Точкаашон пеши нотариус аст.

Назари обналичка, ки 3 миллион долларашро Зоир гирифт аз Тугараки Восеъ аст. Обналичкаро мардуми Тугарак аз Восеъ мекунанд. Вале очаи обналичка дар Тоҷикистон раиси феълии Кумитаи налог Нусратулло Давлатзода аст. Ӯро очаи облналичкаи Тоҷикистон мегуянд. То вазир шуданаш обналичкаро мезад, мезад, мезад. Вазир шуду резко ҳамонро қапид, маҳкам кард.

Ҳозир данний время вазири мудофиа дар хонааш шиштаасту, тар кардагӣ, ки мабодо маҳкамам накунанд. Худо гуфта истодааст, ки бообру бароям аз инҷо. Ин вазир худаш инсони хуб аст. Аммо занаш бисёр баднафс ва фақат мудохила мекунад. Шерали Мирзо, бо каллаи ҳамон бисёр вақт кор мекунад, барои ҳамин ба ин ҳол задааст.

Уро Рамазон Раҳим ҳам сияҳаш мекунаду Саймумин Ятимов ҳам сияҳаш мекунад, дар пеши Ҳасану дар пеши дигару дигарҳояш. Худаш мардбачааст. Аммо фандаш мекунанд. Дидед,  ки муовинҳояш чи кор карданд, ҳамааш фандаш карданд.

Вай худаш дар хонааш сум надорад. Як рафиқи наздикам бо вай сахт наздик аст. Мегуяд, ки тамоман аз дигарҳояш фарқ мекунад. Шикастанафс аст.

Вале ҳоло гириста шиштааст, ки боз маҳкамам накунанд: «Баобру бигирандам, ҳамин бароям кофист, аз вазифа бигирандам баобру». Одамҳое, ки дар мансабҳои вазорат худаш мондагӣ аст аз ҳарҷо омадагианд. Лекин бештарашон аз Данғара ва бесаводанд. Чунки онҳоро аз боло мондагианд.

Албатта бар сари Шералӣ Мирзо тақдири Шавкат Бобозода, раис намеоваранд.  Уро зиндон карда буданд. Инро дар гумон аст ки зиндон кунанд. Ин Раҳмонов сахт маҳалгарову маҳалпараст аст.

Ду муовинш показание додаанд. Якташ аз Фархор ба зидаш нишондод додааст, яктои дигараш муовини дигариаш. Вале  ҳоло хапанд.

Шоҳрух Саид соли ҷанги ҳоҷӣ Ҳалим досрочно рутбаи капитаниро ҳамин Шералӣ Мирзои миноборон ба ӯ дода буд. Боз сраза майёраш доданд ва замначалники УУРи республика монданд. Капитаниро бо фармони Рустам  гирифта доданд. Досрочно. Младший лейтенант старший лейтенант ягон бор набуд. Таъҷилан капитан ва майёр шуд. Таъаҷҷуб накунед ин ҳукуматдории пешво ҳамин аст кадрҳояш, лозим шавад дар як шаб генерал ҳам мешави, агар хоҳанд!

Пекин

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман чанд сол аст ки дар пойтахти Чин, шаҳри Пекин кору зиндагонӣ мекунам. Донишгоҳро дар ҳаминҷо хатм кардам ва ҳоло дар як муассисаи шахсӣ кор мекунам. Аз Ютуб барномаҳои шуморо тамошо мекунам ва сайти Ислоҳро ҳам мехонам. Ман дар бораи як масъала, вазъи мусулмонҳо дар Чин мехоҳам суҳбат кунам. Ман дар интернет бисёр мебинаму мехонам, ки уйғурҳову дигар мусулмонҳо дар Хитой зери азобу шиканҷаанд. Аммо, бовар кунед, ки гап тамоман дигар аст. Ман се- чор маротиба дар Урумчи ва  Шинҷани Уйғуристон будам ва авзоъро баръало ба чашмонам дидам. Бовар кунед вазъияти мусулмонҳои Чин он чизе нест, ки аз дар расонаҳо пропаганда мекунанд. Ман дар Уйғуристон ёру дустонамро ҳам дидам. Дар Чин 56 қавмият зиндагӣ мекунад, аз ҷумла аз мусулмонҳо. Дар ҳар вилояту музофотҳояш мусулмонҳо ҳастанд ва  на танҳо уйғурҳо. Уйғурҳо шояд 5% мусулмонҳои Чинро ташкил медиҳанд. Дигар ақвоми мусулмон ҳам ҳастанд.

Ончизе, ки ман дидам тамоман дигар аст аз ончизе ки дар ВВС ва Гардиан мегуянду менависанд. Ба навиштаи ин расонаҳо  мусулмонҳоро дар Чин азоб медиҳанд. Ман бисёр чизҳоро рости гап аҳамият додам. Аз дустони уйғурам ҳам зиёд пурсидам. Забони онҳо ба забонҳои туркӣ ва узбакӣ наздик аст. Ҳамсуҳбат шудам. Ягон нафари онҳо нагуфт, ки моро барои мусулмон буданамон зулм мекунанд. Уйғур бошӣ дар Хитой барои ту имтиёз ва сабукӣ бисёртар аст. Масалан ту метавонӣ, ки дар беҳтарин донишгоҳ бепул таҳсил кунӣ, агарки ҳуҷҷатҳоро подават карда экзаменро гузаштӣ. Стипендия мегирӣ, ҳам барои пайдо кардани ҷойи кор ҳаракат мекунанд. Ақвоми ақалиятро бисёртар дастгирӣ мекунанд. Дар ҳар як чорсад –сесад метр кафетерияи махсус барои мусулмонҳо амал мекунад, ресторани мусулмонҳо ҳаст.

Тааҷҷубовараш он аст ки дар Тоҷикистон ман ин чизҳоро надидам. Масалан ҳамааш бо бисмиллоҳ ба арабӣ навишта шуда ва низ бо арабӣ ҳалол навишта шудааст. Ку дар Тоҷикистон ҷуръат куну рав ошхона ё ресторан кушо ва ба арабӣ ҳалол навис,  фардо КДАМ бар сарат мебиёяд. Ҳамин чизҳоро ман ба чашми худам дидам. Он чизе, ки масалан  дар интернет медидам ва дар инҷо медидам фарқи калон дорад. Барои ҳамин ба хулосе омадам, ки давлат чи гуна бошад, дар он адолат бояд бошад. Агар дар давлат адолат вуҷуд дорад, дар он давлат ҳам дин озод мешавад ва ҳам зисти мардум аз ҷиҳати иҷтимоиву иҷтимоӣ хуб мешад ва ҳам байни мардум тафриқа ва ҷудоӣ тамоман нобуд мешавад.

Рости гап ман ба ҳайрат омадам. Дар Пекин бисёр масҷидҳои қадима ҳастанду амал мекунанд. Ҳар як маҳалла як -ду масҷид дорад, ман 8 сол аст ки дар инҷо ҳастаму бисёр масҷидҳоро дидам, ки онҳо мадраса доранд,  кудакҳо баъд аз мактаб мераванду дарс мехонанд. Талабаҳои мактаб рафта дар мадраса дарс мехонанд ва барои дарс хондан иҷозат доранд.

Дар намози ид дар масҷиде, ки дар маҳаллаи мо наздик аст чунин ҳолатро дидам. Ҳамон рӯзи ид мо рафтем масҷид. Раиси ноҳия омад, котиби кумиати ҳизби комунист омад, ки дар дастҳояшон конверт доштанд. Конверти сурх дар дохилаш маблағ ё чек барои маблағ мешавад. Ҳардуяш даромаданд дар толор аммо дохили масҷид нашуданд. Мо дар дарун ҷо нагирифта будем ва ман дар толор истода будам. Имомхатиб омад ва боз нафари аз ҳама куҳансоли ҳамон ҷомеа омад. Конвертҳоро ба дасти онҳо доданд. Ин дастовез ва ё инъоми идона аз ҳизби ҳокими Комунисти Чин буд.

Чизи дигари тааҷҷубовараш он буд ва ман ин ҳолато дар ягонҷо надида будам, якумин бор медидам, ҳатто қаблан зиёд намозҳои ид хонда бошем ҳам якумин бор дидам, ки суруди миллиро хонда парчам бардоштанд ва баъд аз вай такбирро  бо ғулғула ва садои раъдосо хонда даруни масҷид даромаданд. Баъд аз ин намонядагони давлат рафтанд. Дар намози ид ҳам мардум зиёд буд ҳам кудакони ҳатто 3- 4 сола ҳам пур буданд. Ягон кас чаро кудак дар инҷо ҳаст гуфта чизе намегуфт. Агар давлати коммунистӣ ин қадар иззату ҳурмат барои дин дошта бошад, чунин давлати коммунистӣ ҳазор бор беҳтар аз давлате, ки дар онҷо пешво бошаду на кудаки ман тавонад илми исломро омузад на намози ид рафта тавонад ва нҳоятан на аз тарафи давлтдорон иззату ҳурмат барои мусулмонон бошад.

Душанбе

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азиз Муҳаммадиқбол!

Ин нома анализи мушаххаси вазорати маорифи Тоҷикистон аст. Сараввал гуфтанӣ ҳастам, ки ман дар ин соҳа беш аз 10 сол кор кардам ва муттахассиси бахши «Барномаҳои таълимӣ, системаи таълимӣ, инкишофи когнитивии толибилмон ва идоракунӣ дар маориф». Соҳиби ду бакалавриат аз Донишгоҳи Сингапур ва Бритониёи Кабир, 2 магистрант аз ду Донишгоҳи амрикоӣ, як диплом аз Донишгоҳи Бритониё. Зиёда аз 30 дипломy сертификатҳо курсҳои болоравии ихтисос аз донишгоҳҳои Австралия, Англия ва Амрико. Бо замми инхо соҳиби 6 литсензияи «Муаллими дараҷаи байналмиллалӣ, идоракунӣ ва директори байналмилалӣ, коучинг, тренинг Leader ва сохтори барномаҳо ва сохтори таълимӣ». Дар айни ҳол дар аввали роҳи «докторӣ» аз донишгоҳи аврупоӣ ҳастам, (дуо кунед бародарону хоҳарони азиз, инҷоро низ бо сари баланд ба итмом расонам).

Маориф муҳимтарин ҷабҳа ва органи давлатист, ки дар тамоми соҳаҳо таъсири худро дорад ва барои пешравӣ ва ё ақибмонии давлат хело зиёд таъсир дорад.

Пеш аз он ки дар бораи Тоҷикистон сухан кунам, мехоҳам аз таърих мисол биёрам. Олмон пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон ба як харобазор бадал шуда тамоман бе олиму мударрис монда буд. Олимонаш ба Амрико ва Бритониё куч баста буданд. Аммо ҳукумати навтаъсиси Олмони ғарбӣ зиёда аз 60%-и тамоми молиёту даромади давлатиро барои таълим ва сохтмони «Барнома ва Система»-и таълимӣ дар муддати 10-15 сол сарф намуд. Натиҷа ин шуд, ки дар солҳои 1975-1980 Олмон ба яке аз иқдисодҳои бузургги олам аз ҷиҳати истеҳсолот ва инновация бадал шуда буд ва ҳатто, ки тамоми техникаҳои низомиро  худ барои давлати худ истеҳсолот мекард.

Дуюм, Сингапур, ки ман дар он ҷо 4 сол умр ба сар бурдаам ва масоҳаташ мумкин аз Душанбе каме калонтар бошад, ягон нафт, оби тоза, минерал, тилло ва ё чуноне ки пешво реклама карданро дуст дорад, маслан «пирях»-ҳо надорад. Соли 1967-1968 истиқлолиятро ба даст овард ва соли 1998 пас аз 30 сол дар даҳгонаи давлатҳои бойтарин ва пешрафта мубаддал гашт. Сабаб дар он аст ки аз аввал тамоми таваҷҷуҳи худро барои таълими мактаб ва донишгоҳҳо дода, 80%-и маблағҳои ёрирасон дар 10 соли аввал барои таъсис ва ба роҳ мондани маорифи замонавӣ масраф кард. Аз ҳама соҳаи мушкилтар барои ба донишгоҳ соҳиб шудан ва соҳиби вазифа шудан то имруз дар «муаллимӣ» мебошад.

Сеюм, Ҷопон пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ тамоман аз лиҳози молиявӣ, иҷтимоӣ, илм ва иқтисодӣ торумор гардида ду шаҳри калонтаринаш ба дар натиҷаи партоби бомбаи Амрико ба хок яксон шуда буд. Боз ҳам 70% даромади давлатиро ба вазорати маориф масраф мекунанд. Доштани лицензияи муаллимӣ аз доштани «удостоворений» –и миллиса мушкилтар ва бо иззаттар  аст. Пас аз 30 сол, соли 1975 Япония дар раддаи якум ва дуюми ҷаҳон оид ба ихтироот ва навоварӣ шуд.

Акнун ру ба Тоҷикистон меорем. Пас аз 30 сол, танҳо хонаи баланд дар Душанбе ва дигар 3-4 роҳ, 1-2 обанбори об ва ба ҳамин танҳо ҷаноби пешво бо оилаи калонаш бо лозунги «Тоҷикистон ба пеш.» Куҷо? Чигуна ба пеш?  Дар пеш чист? Ҷавоб ягона- «чоплусӣ.»

Акнун мушакхас дар бораи вазорати маорифи Тоҷикистон. Структураи вазорати маорифи Тоҷикистон тамоман ба талаботи байналмиллалӣ ва замони ҳозира мутобиқ нест, афзун бар ин вазир бояд инсоне, бошад, ки дар бораи «Педагогика, Таълимот ва Рушди шуурнокӣ» саводи мукаммал дошта бошад. Аммо афсус аз рузи аввале, ки пасво ба сари қудрат омад, танҳо монанди худаш аз авлоди лаънатиаш бесаводонро ба сари курсии вазорат шинонд. Инсоне, дар синф, дар мактаби миёна тамоман як соати дарс надодааст,  чи гуна вазири маориф мешавад. Илм, маориф, таълимот, эҷодкорӣ, тафаккури интиқодӣ, метакогнисия ва малакаҳои психомоторӣ аз даврони кудакӣ, аз синфҳои 2 то 8, яъне аз синни 7-8 солагӣ то 13-14 солагӣ дар инсон шуруъ мешавад. Пас аз он дер аст ва тамоман дар донишгоҳ наметавон инҳоро биомузонд ва инкишоф дод. Вазири маорифи мо, ки информатсияро аз вебсайти расмии вазорати маорифи Тоҷикистон гирифтаам«эколог» буда дар соҳа ва сохти маъориф тамоман илму тасаввурот надорад.

Ҷонишинҳояшро ҳам монанди худаш аз куча қапида овардаанд.  .

Дуюм муовинаш, ки «доктори илмхои педагогика ҳаст» дар ҳаёташ тамоман дар мактаби миёна ба ҳайси муаллим кор накардааст. Ҷонишини дигараш тамоман ба ягон чорчуба дуруст намегирад. Нафаре, ки «челонгар» буд яку якбора ҷонишини мудири мактаб ва мудири мактаб шуд. Чи гуна? Яке аз дигар ҷонишинҳояш ва аз ҳама беақлтарин, ки «усто, муҳандис» шуда кору фаъолият бурдааст имрӯз ҷониши вазири маориф. Ман махсус исму насаби онҳоро инҷо наовардам. Аммо аҳли маорифи Тоҷикистон ва мардуми кишвар бояд бидонанд, ки дар роҳбарияти вазорати маорифи мамлакат чи гуна афроде мудирият мекунанд.

Акнун дар бораи барномаи таълимии вазорати маорифи Тоҷикистон гуфтаниям. Барнома ё низоми маорифи Тоҷикистон ҳоло ҳам бо равияи «Традишониалисти»,ки солҳои 70-80ум асри гузашта, ки бунёд ниҳода буданд ва он кайҳо аз истифода тамоман баромада аст пеш меравад. Бо ин низому бо ин барнома соли таҳсил аз 10 ба 11 ва аз 11 ба 12 сол тамдид шавад ҳам ҳеҷ ҳосил ва натиҷа нахоҳад дод. Ин барнома ҳануз дар солҳои 60уми асри гузашта тартиб дода шудааст. Бояд қайд кард, ки ҳоло дар тамоми давлатҳои пешрафта «Кострактивисти ваё ПостКонстрактивисти» истифода бурда мешавад. Боварии комил дорам на вазир, на ҷонишинҳояш тамоман аз ин калимаҳо ва терминҳо бехабаранд.

Яке аз дустони наздики ман дар вазорати маориф дар бахши кор бо хориҷиҳо кору фаъолият мебарад ва нақл карда буд, ки тамоми вазифаҳо дар вазорат хариду фуруш карда мешаванд ва нархи худро доранд. Ба истиснои вазир ва ҷонишини вазир, ки пули ин курсиҳо прямой ба Озодабону дода мешавад. Яке аз корманди қаторӣ дар вазорати маориф,ки ҷавони боилму хеле малакаи баланд дорад, гуфт,ки тамоми вазифаҳо ба монанди раиси ноҳияву вилоёт ва шаҳрҳо бо ҷонишинҳояшон аз тарафи вазири маориф муайян карда мешавад. Барои мисол, мудири Раёсати маорифи вилоят 15 то 20 ҳазор доллар, шаҳрӣ ду намуд нарх дорад, шаҳрҳои калон 12-15ҳазор доллар, хурд 8-10 ҳазор доллар. Ноҳияҳо ҳам ҳамингуна калон бо нархи 12-15 ҳазорӣ ва майда 8-10 ҳазорӣ. Фарқ надорад савод ҳаст ё не. Пулро медиҳӣ вазифаро мехарӣ. Дар дохили вазорат ҳам ҳамин гуна сардори шуъба ва ё бухгалтерия ва ё сардори шуъбаи кор бо хориҷиҳо, ки аз ҳама даромадноктаринҳо ба ҳисоб мераванд, на кам аз 5 ҳазор доллар нарх доранд ва бояд пул дар чойхонаи «Оши Исфара» ба дасти ронандаи вазир дода шавад. Ба гуфти ронанда «сделкара вазир рузша ва соатша муайян мекна». Вақте саволаш додам, ки чаро худ соҳиби вазифа нест? Чунки падараш яке аз сарватмандони шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад? Гуфт, ки «ҳоли иқа бисёр практика надорум ва пас аз 5 сол ҷонишини вазирира через апаи Озода мегрум, кати дадам ҳамихе договор шидагияй.»

Озода дар замони таҳсилаш дар Амрико Озодаи «Шарлотка» лақаб дошт ва ин ҷавонмард хеле наздикӣ бо у доштааст. Мегуяд гарени зани бемаданият лек саводаш бад нест.   Наузубиллоҳ руйрост мегуфтааст,ки «ма ба Худо боварӣ надорам, отам мега танҳо барои халқ бояд нишон тием, ки ба Худо бовари дорем.» Ин суханҳоро дар замони дар Амрико таҳсил карданаш ба ёру дустонаш мегуфтааст ва асосан бо ҷавонмардон дустӣ мекардааст ва ҳар вақте, ки хоҳони ҳамбистарӣ бошад таклиф менамудааст. Он ҷавонмард,д ар он замонҳо 18-19 сола буд. Вақте пурсидам «кати Шарлотка (Озода) яго нчиз дошти?» дар ҷавоб гуфт, ки «Хоҳӣ ё нахоҳӣ мекнӣ, Шарлотка нера қабул надора!» Қисса кутох, Озодаи Шарлотка барои вазифаҳои вазир ва ҷонишинӣ дар вазорати маориф доляхои баландро талаб мекунад. Барои мисол курсии вазир аз 150 то 200 ҳазор доллар, ҷонишин аз 80 ҳазор доллар. Нарххо аз ҳисоби наздикӣ ба оила, дустӣ ва ё наздикии шахсӣ бо Озода фарқ мекунад. Пул бояд бо бонки «Спитаменбонк» ба суратҳисоби Ҷазираҳои Карибия бонки Панама гузаронида шавад ва аҷоибот дар он аст ки тамоман фоиз ва ё авторизатсияи Бонки миллӣ барои ин суратҳисоб лозим нест. Акнун қазоват ба шумо! Чи гуна инсонҳо ба сари вазифа меоянд. Падари ин дусти ман, ки шахсан дар замони Амрико буданаш шинос шуда будем ва барои кори дипломиаш ёрӣ дода будам, дустии наздик бо пешвои худхонда дорад ва бародаронаш дар КДАМ дар вазифаҳои баланд ҳастанд. Худи Песво ба дустону хешу табори худ гуфтаст, ки фарзондони худро пас аз синфи 8 ё 9и ба Амрикову Аврупо барои гирфтани савод равон кунед. Дар Тоҷикистон маориф  набояд пешрафт кунад,  набошад мардуми басавод «мора намемона ҳукмронӣ кнем.»

Акнун каме дар бораи система ва барномаи таълимӣ гуфтан мехоҳам.

Барои тасдиқи низоми таълимӣ ҳади ақал бояд 4-5 сол ҳукумат ва парлумон заҳмат бкашад. Ва бояд ҳамеша анализ шавад. Дар Тоҷикистон системаи таълимии солҳои 80-и асри 20 идома дорад ва танҳо низоми таълимоти таҳсилоти олиро иваз мекунанд. Системаи таълимотӣ аз «сохтор, музди маош, талабот ва қонунҳои таълимотӣ» иборат буда, дар Тоҷикистон тамоман куҳнашуда мебошад. Ба мисоли мактаби умумӣ қариб дар тамоми дунё ва давлатҳои пешрафта системаи таълимӣ аз ин қарор: синфи 1-5 ё 6 ибтидоӣ, 7-9 миёна, 10-12 болои ҳаст. Аммо дар мо то ҳоло хам ба намуди замони шуравӣ идома мекунад.

Таълимотитаҳсилоти олиро ба низоми байналмилалӣ мутобиқ кардаанд, ки тамоман бо таълими мактабӣ муовизинат надорад. Намедонам кадом бесавод ё беақл инчунин системаро қабул кардааст ва чи гуна онро парлумон тасдиқ кардааст?! Масъалаи доғ ҳаҷми маоши муаллим ва талабот ба устодон, ки тамоман ба ягон чорчуба дуруст намегирад. Музди маоши муаллимон дар Тоҷикистон бо баъзе аз давлатҳои камбағалтарини Африко баробар аст.Ҳама Афғонистонро сарзаниш мекунанд ва мо медонем, ки зиёда аз 40 сол мешавад, ки дар онҷо ҷанг ҳаст. Музди маоши пасттарини муаллим бо маълумоти олӣ на кам аз 400 доллар мебошад.Ман шахсан чанд нафар дуст дар онҷо дорам ва якчанд рафиқони наздики ман дар вазорати маорифи Афғонистон кору фаъолият бурда истодаанд. Ҳатто Толибон онҳоро аз вазифа нагирифт,  баракс музди маошашонро бардоштанд. Ман намефаҳмам чи гуна инсони бе маълумоти олӣ, пас аз коллеҷ, ва ё бо маълумоти олии дигар соҳа ба мактаб омада соҳиби вазифа мешавад. Дар Швейцария, барои муаллими мактаб шудан, бояд 4 сол бакалавриат,1сол диплом,2 сол магистранти ба итмом расонад ва пас аз он имтиҳони давлатӣ барои «литсензия» супорида баъд метавонад муаллим шавад. Дар бисёре аз давлатҳои дунё бе «лицензия» наметованд муаллим шаванд.Аммо дар мо аз куча ва ё сари дашт қапида оварда муаллим мемонанд. Ягон талаботи муайян надоранд ва касе аз саводу малакаи онҳо дараке надорад ва фарзанд, ки аз ҳама неъмати пурарзиштарин барои ҳар як инсон ҳаст бовар карда месупоранд.Чаро ин қадар авлоди лаънаткардаи Аллоҳ дороиҳои милливу ватаниро медузданд, наметавонанд ақалан 20% даромадҳои худро ба ин соҳа равон кунанд.Барои он ки тамоман андоз намесупоранд, ақалан музди маошро боло бардоранд.

Муаллимон аз ҳама пасттаринаш бояд аз 400$ сар шавад. Таъин намудани кадрҳо ба вазифаҳо, дар бисёри давлатҳои дунё аз рӯи малака, саводнокӣ, таҷриба ва маълумот сурат мегирад.Аммо дар Тоҷикистон танҳо аз ҳисоби чи қадар сум пора ва ё «тағаат» кист,музди маош ва ҳаҷми он муайян карда мешавад. Дар ягон давлати пешрафта ё ру ба рушд дар курсии мудир ё ҷонишини мудир ва болотар аз онҳо бедоштани унвон ва рутбаи илмӣ соҳиби вазифа намешаванд. Аммо дар мо «челонгару инжинеру механик ё эколог» дар сари вазифаи соҳаи маориф ҳастанд.

Аллоҳ тезтар барои мо тавфиқу инсоф насиб гардон,  то мардум бедор шавад.

(идома дорад)

Спитамен

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ташаккур, дидам, ки номаи маро чоп намудаед. Ҳоло мехоҳам дар бораи як коргари амният ба шумо нависам. Ин нафар

Баҳром ном дорад,  муовини амнияти Спитамен. Ё аз Восеъ аст ё аз Ховалинг. Вай як бизнес-кришаватиро пеша кардааст. Вай бо раиси ҷамоати деҳот Тағояк сахт ҷура мебошад.

Раиси ҷамоат Тағояк аз пушти Баҳром катагӣ карда мегардад. Ба вай на участковий, на угаловникҳо гап зада метавонанд, гапи ягонтои онҳо ба вай намегузарад, ҳамаашонро задагӣ аст. Баҳром тамоми соҳибкорҳои ноҳияро дар доля шинонидагӣ аст.

Боз як амниятии дигар ҳаст, ки Бахтиёр ном дорад. Линияи контрабандаро назорат мекунад. Дар сарҳади Бекобод Платинаро дар доля шинонидааст. Аз Ӯзбекистон тамоми намуди бор медарояд. Ҳамаи контрабандистҳоро дар доля  шинондагӣ аст. Дигар одамҳо бор дароранд дафъатан занг мезананд ба Бахтиёр:  «ака зеришкун бромад бор».

Дар роҳ поида мешинад. Омад зуд роҳашро манъ карда растаможка мепурсад. Медонад, ки ягон одам растаможка карда намебарорад. Ва дигар маълум. Соҳиби борро даъват карда «ҷошда пулша гирифта то манзилаш  саправажденя карда мемонад». Боз номери телефонашро медиҳад: «ягон хизмат бошад занг мезанӣ» гуфта кораш фақат ғорат. Ин ду нафар мардумро азоб медиҳанд.

Акнун дар бораи 2 корманди УУР-шуъбаии кофтукови ҷиноии милисаи ноҳияи Спитамен гуфтан мехоҳам. Якеаш Ихтиёр- лақабаш скелет асту баъзеҳо робот ҳам мегуянд.  Рутбааш капитан. Номи дуюмашро намедонам. Аммо лақабаш Пингвинча аст. Вай ҳам капитан ё майор мебошад. Ин ҳар дуяш якҷояанд. Бо духтарони сабукпо договор карда бо онҳо як одами наздики худашонро ҳамроҳ карда ба хонаҳои мардум мефиристад. Одамони квартира иҷорамедодаро ёфта он духтар гап мезанад: мо зани шу барои мо 1рӯза хона даркор гуфта снимать мекунад квартираро. Баъдан духтар бо бача меояд ба хона. Баъд сар мекунанд зиноро.  Баъдан ин ҳарду корманди угаловник ба ин квартира даромада навор гирифта соҳиби хонаро даъват карда мегуянд, ки «апа шумо медонед чи гуноҳ кардед? Хонаро иҷора додед, мана мо навор кардем. Тамом акнун шуморо дело мекунанд, рафтем аделба гуфта метарсонанд. Баъдан агар пул диҳад пулашро мегиранд ва агар надиҳад ё мебаранду дело мекунад. Бовар куед, ки ин милисаҳо худашон бар зидди қонун кор мекунанд, албатта, барои пул шуда. Сардори шуъбаи милисаи Спитамен Рауфзода Алиҷон Тоҷиддин аст, ки кормандонаш ба вай Конур лақаб додаанд. Кораш фақад подстава ва мардумро озор додан аст. Мардум аз зулми инҳо ҳар рӯз бар падари пешво лаънат мефиристанд ба ин милисаҳои дузду мардумозораш. Дар мавриди ҷиноятҳои Конур пурра ҷиноятҳояшро ҷамъоварӣ дорем ва ҳатман мефиристем.

Сообщение  Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №135 появились сначала на ISLOH.net.

Махфӣ: “Шурои амният аз кори вазири мудофиа норозӣ ва баъзе сирҳои ҷолиб..”
Подполковник, муовини командири баталони таъиноти махсуси вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат бо иттиҳоми гузоштани «лайк» дар барномаҳои «Ислоҳ» ва шаш афсари дигар бо иттиҳоми гузоштани намоз дар ҷойи кор аз тарафи Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ дастгир шудаанд. Як манбаи муътамад аз Раёсати тафтишоти КДАМ-и Тоҷикистон бо расонидани ин хабар афзуд, ки алайҳи ин ҳама афсарони вазорати мудофиа парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва айни ҳол онҳо таҳти тафтишоти пешакӣ ва дар боздоштгоҳи муқаддамотии амният (ИВС) қарор доранд. Манбаъ гуфт боздошти ин афсарон, баъди баррасӣ ва муҳокимаи фаъолияти вазорати мудофиа дар ҷаласаи вижаи Шурои амнияти Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта сурат гирифт. Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон баъди интиқоди фаъолияташ дар соли гузаштаи 2022 аз тарафи КДАМ ва Прокуратураи генералӣ ба шиддат изҳори нигаронӣ карда ва дар анҷоми кори ҷаласа, ки мебоист Ифтихорнома ва рутбаҳои навбатиро ба тобеъонаш тақдим мекард, бастаи дипломҳоро ба сари муовинҳояш шапида тарки толор кардааст.

Ҷаласаи Шурои амният чӣ гуна гузашт?

Ин ҷаласаи Шӯрои амният дар «Кохи афсарон»,ки рӯбарӯи вазорати мудофиа ҷойгир аст, рузи 7-уми январи соли ҷорӣ бо иштироки Котиби Шурои амният Маҳмудзода Насрулло, сарпрокурори ҳарбӣ, прокуророни гарнизонҳо, сардори Раёсати контрразведкаи ҳарбии КДАМ, вазири мудофиа ва мувинонаш, сардорони Раёсатҳо, комиссарони вилоят ва ноҳияҳо, командирони қисмҳоӣ ҳарбӣ баргузор шудааст. Тибқи маълумоти расида дар маҷлис фаъолияти яксолаи вазорати мудофиа мавридӣ баррасӣ қарор гирифтааст. Дар ҷараёни гузориши сарпрокурори ҳарбӣ ва сардори Раёсати контрразветкаи ҳарбии КДАМ фаъолияти вазорати мудофиа мавриди интиқод қарор гирифта ва ба кори вазири мудофиа ҳам бисёр эродҳо гирифта шудааст. Бинобар маълумоти расида дар тули 1 соли 2022 дар вазорати мудофиа 311 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Аксарияти ин ҷиноятҳо ба вуҷуди ҳолатҳои муносибатҳои ғайриоиномавӣ ва мавориди зиёди лату куб дар байни сарбозон рабт мегирад. Дар давоми соли 2022 дар вазорати мудофиа 27сарбоз бо ҳолатҳои гуногун ҷон бохтаанд, ки аз ин теъдод 11 нафари онҳо бо шеваҳои гуногун худкушӣ кардаанд.

КДАМ ва сарпрокуратураи ҳарбӣ комиссариатҳои ҳарбии вазорати мудофиаро ба он муттаҳам кардаанд, ки ба баҳонаи « буд кардани план» садҳо нафар ҷавони «нигодний»-ро бо «облава» ба хизмат овардаанд, ки дар натиҷа ҳама госпиталҳо пур аз сарбозони бемор шудаанд.

Сардори Раёсати контрразветкаи ҳарбии КДАМ аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки дар госпиталҳо аз сарбозони бемор 30 то 40 ҳазор сомонӣ ришва гирифта онҳоро аз хидмати ҳарбӣ «уволит» мекунанд. Танҳо дар вазорати мудофиа дар 1 моҳ то 30 нафарро уволит мекунанд.

Нозирони Шурои Амният вазъи вазорати мудофиаро фоҷеа хонданд

Сарпрокурори ҳарбӣ ва сардори Раёсати контрразветкаи КДАМ ҳамчунин роҷеъ ба  шароити зиндагӣ ва хурду хуроки сарбозон ба шиддат изҳори нигаронӣ карда гуфтаанд, «шароити сарбозон ба талабот ҷавобгу нест, сарбозон дар фасли сармо ба ҷои гарм ва хуроки серғизо таъмин нестанд. Аз он миқдор хурокае, ки аз буҷаи давлат барои сарбозон ҷудо мешавад ҳатто 50%-и он дода намешавад. Дар ин масъала кураторони вазорати мудофиа аз прокуратураи горнизони ВМКБ гузориш додаанд. Ҳангоми тафтиш маълум шудааст, ки миқдори ғизои пешбинишуда барои сарбозон ниҳоят кам ба онҳо мерасад.

Мисол: тушонка, тухм, сгушоний молоко, варений ва ғайраҳоро сарбозон давоми ду соли хидмат тамоман намебинанд. Ғизои сарбозон фақат приловка ва гарохпиёба аст. Барои мисол дар як рӯз барои як баталион –иборат аз 200 нафар16 кило гушт ҷудо мешудааст. Вале дар хурок барои 200 сарбоз 2 мурғи акрачка меандохтаанд. Аммо дар дафтари хурока ҳама чиз мисли меъёри муқараргардида гузориш дода мешавад. Ҳамин хел казармаҳои сарбозон дар фасли сармо хунук ва ҳамааш таъмирталаб шудааст. Вале дар ҳуҷҷатҳо ҳамаи онҳо таъмиркардашуда гузориш дода шуда ва маблағро «списат» карда дар киса задаанд. Дар ин ҷаласа гуфта шудааст, ки дар ин шароити пасту ногувори фароҳам овардаи   кормандони вазорати мудофиа аз зинаи поёнӣ то болоӣ баъзе сарбозон тоб наоварда бемор мешаванд. Таъкид карда шудааст, ки сабаби асосии гурехтан ва худкушӣ кардани сарбозон  дар ҳамин мушкилиҳо нуҳуфтааст.

Сардори контрразведкаи ҳарбии КДАМ аз болои як «бизнес»-и дигари афсарони вазорати мудофиа сарпуш бардоштааст. Вай аз он фактҳое зикр кардааст, ки дар воҳидҳои ҳарбӣ аз сарбозон барои 1 рӯз 50 сомонӣ гирифта онҳоро ба рухсатӣ ҷавоб медиҳанд. Баъзе сарбозоне, ки пулдор ҳастанд ҳармоҳа омада платит мекунанд,1500 сомонӣ медиҳанд ва рафта хизматашонро дар берун мегузаронанд, хизматро фақат бачаҳои камбағал адо мекунанд.

Баъди ин ҳама гузоришҳо котиби Шурои амният Маҳмудзода Насрулло шахсан дар суханрониаш бо дасташ тарафи вазири мудофиа Шералии Мирзо, ки Шералии бурут лақаб додаанд, ишорат кардааст, ки «ту куҷоро назорат мекунӣ, вазорати мудофиа ин қадар бардак шудааст». Аз ин суханҳои котиби Шурои амният Маҳмудзода Шералии бурут хеле ғазабнок ва сурху кабуд шудааст. Ва дар охир ҳангоми супоридани туҳфаҳо ба баъзе кормандони фаъоли вазорат қаҳр карда туҳфаҳоро носупорида аз толори маҷлисгоҳ баромада рафтааст.

Коррупсия дар вазорати мудофиа ниҳодина шуда аст

Манбаъи “Ислоҳ” дар вазорати мудофия мегуяд:  «движенияҳо» ва фасоди молӣ бисёр аст. Аз ниҳодҳои болоияш сар карда то қисмҳои ҳарбӣ ба порагирӣ ва «списат» кардани пули давлат машғул мебошанд. Дар қисмҳои ҳарбӣ аз сарбозон пора гирифта ҷавоб медиҳанд. Аз хурокаи сарбозон ва бензину соляркаи барои техникаҳо ҷудошуда ё ихтисос ёфта дуздида мефурӯшанд. Аз пули таъмири казармаҳои қисми ҳарбӣ ва техникаҳои ҳарбӣ «списат» ва изофанависӣ мекунанд. Кадом афсаре пора мегирад ба командир доля медиҳад ва командир як қисматашро ба боло ва як қисмате ба кураторони прокуратураи гарнизони ҳарбӣ ва Раёсати контрразветкаи амният медиҳад. Ҳамин хел то ниҳодҳои болоӣ доляи худро доранд. Движенияҳои калон дар боло ҳал мешаванд. Ба мисоли таъиноти кадрии афсарон, қабул ба донишкадаи вазорати мудофиа ва донишкадаҳои ҳарбии Русия, интиқоли сарбозон ба қисмҳои ҳарбии хубтар, «уволит» кардани афсарон, «уволит» кардани сарбозон ҳамааш бо маблағи калон ҳал мешавад, ки ин ҳама корҳо танҳо бо имзои вазир ҳал мешавад. Чи масъалае бо имзои вазир ҳал шавад, минимум аз 5 ҳазор сомонӣ сар мешавад. Мисол интиқоли сарбозон ба дигар қисмҳои ҳарбӣ. Ҳама пул барои сохтмон ва ё таъминоти хурока ва сару либос аз вазорат ҷудо мешавад, то ба қисмҳои ҳарбӣ рафтан миқдори калонаш дуздида мешавад. Ҳама доляи худро гирифт 40 фоизи таъминот ба сарбозон мерасад. Ҳама нафароне, ки дар вазорати мудофиа кор мекунанд аз ниҳоди поёнӣ то болоӣ ба миқдори движенияҳои худ ба боло доля месупоранд. Ниҳодҳои болоӣ то генералҳо, ки вазифаро мехаранд, кушиш мекунанд сарфи кардаи худро ҷамъ кунанд ва боз ба боло пул диҳанд, то дар вазифа монанд ё боз вазифаи болотар раванд. Вазорати мудофиа ҳам мисли дигар сохторҳо ба як бизнес мубаддал шудааст.

Сарбозони вазорати мудфиа ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва низомӣ дар кадом вазъанд?

Ҳар мавсими даъвати хизмат комиссариатҳои ҳарбӣ 12 ҳазор сарбозро ба хизмат ҷалб мекунанд, ки ин сарбозон ба 6 сохтор:- Вазорати мудофиа, Қушунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, СРИҶҶ-и вазорати адлия Кумиати ҳолатҳои фавқулодда ва қушунҳои дохила ВКД тақсим карда мешаванд. Муҳлати адои хизмат 2 сол, ки ҳаст дар 2 сол 4 маротиба 12 ҳазор нафарӣ даъват мешавад ва ҷамъ Қувваҳои мусаллаҳ 48 ҳазор сарбозро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор қисме маълумоташ олӣ бошад 1 сол хизмат кунад ва як миқдораш «нигодни шавад» тақрибан 40 ҳазор сарбоз дар ин сохторҳо тақсим шудаги ҳастанд, ки қариб 20 ҳазораш дар вазорати мудофиа мебошанд. Вазорати мудофиа зиёда аз 60 қисми ҳарбӣ дорад. Вазифаи вазорати мудофиа вазифаи ҷангӣ буда барои мудофиаи давлат аз муноқишаҳои берунӣ мебошад. Қисмҳои ҳарбии вазорати мудофиа ба 3 қушун тақсим мешаванд: ҳавоӣ, хушкигард ва қушунҳои зудамал. Ин қушунҳои Вазорати мудофиа дар пойтахт ва марказҳои вилоятҳо ва бисёри  ноҳияҳо ба бригада ва баталионҳо тақсим шудаанд. Дар Помиру Ғарм қисмҳои ҳарбии қушунҳои зудамал мустақаранд ва дар Суғду Хатлон қисмҳоӣ ҳарбии хушкигард ҷойгир мебошанд. Қушунҳои ҳавоӣ бошад фақат дар пойтахт, марказҳои вилоятҳо аэропорти ҳарбӣ мустақаранд. Ҳар минтақа қисмҳои ҳарбӣ дорад ва ба бригада ва баталион ҷудо шудаанд. Баъзе баталионҳо дар баъзе ноҳияҳо ҷойгиранд ва дар ҳолатҳои ҷанг мавқеи худро муҳофизат ва ба бригада итоат мекунанд бригада бошад, ба қушун ва раёсати  қушун ба вазорат.

«Ҳама сохторҳо дар пойтахт ва марказҳои вилоятҳо ва баъзе ноҳия ба бригада ва баталионҳо тақсим мебошанд. Қушунҳои сарҳадӣ бошад қисмҳои ҳарбияш дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ мебошанд ва сарҳадро нигоҳ мекунад. СРИҶҶ-вазорати адлия дар зиндонҳо ва СИЗО-ҳо амал мекунанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодда (КЧС) дар обхезӣ заминларза, оташсузӣ ва ҳамин гуна фалокатҳо вобаста мебошанд. Гвардияи миллӣ муҳофизати иншшоти муҳими давлат, ГЕС-ҳо, тило завод, биноҳи маъмурии давлатиро бар уҳда дорад. Полкҳои ВКД бошад барои ягон  ҳолатҳои калоне, ки дар дохил мешавад масъул аст. Ин сохторҳо ҳамааш ба ғайр аз қисмҳои ҳарбӣ боз дар  худ ба мисли дигар вазоратҳо раёсатҳо доранд. Ҳар сохтор барои худ дар пойтахт ва вилоятҳо марказҳои таълимӣ доранд.»

Дар марказҳои таълимии ҳар сохтор сарбозон ба таълиму омӯзиш ҷалб карда мешаванд: танкист, снайперист, артилерист ва ғайраҳо дар 6 моҳ омӯзонда баъд ба қисмҳои ҳарбӣ мефиристанд. Дар қисмҳои ҳарбӣ ҳама сарбозон ихтисоси худро доранд ва бояд аз руй ихтисосашон амал кунанд. Вале сарбозони профессионал хеле каманд. Ҳато афсарон вазифаҳои худро намедонанд ва хуб иҷро карда наметавонанд. Барои онки дар инҷо асосан изофанависӣ ва бардуруғ таҳия карани санадҳо ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст. Сарбозони танкист як бор савори танка нашудаанд ва ё снайперист ҳатто як бор ҳам тир напаронидааст.Ҳамаро «списат» карда мефурушанд. Ҳангоме пурсидем чихел савори тонк нашуда ва снайперист як бор ҳам тир ва нишон назадааст? Посух чунин буд :

“Барои омӯзиши тонк сузишворӣ бояд ба тонк рехта шавад ва соатҳои дарс мушаххас карда шавад, чунки маблағ барои он ҷудо мешавад.  Инчунин сузишвориро мефурӯшанд ва ба кисаҳо мезананду ҳеҷ омӯзише баргузор наменамоянд. Дар мавриди снайперистҳо низ дақиқан ҳамин шакл. Мо бо итминон мегуем сарбозони вазорати мудифа аслан омодагии ҷангӣ надоранд ва ҳеҷ омодасозие дар ин вазорат вуҷуд надорад. Агар ин соҳа назорати ҷидди набарад сарбозони мо осебпазиру ноомода ба ҷангу разманд.”

Аммо бо вуҷуди ин ҳама ошкорсозии ҷурму ҷиноятҳо ва ҳақисарбозхуриву порахуриҳое, ки кормандони вазорати мудофиа мекунанд ҳатмани ҳатман кураторони сарпрокуратураи ҳарбӣ ва контрразветкаи ҳарбии КДАМ аз онҳо «доля»-и худро мегиранд. Аммо ба ғайр аз вазорати мудофиа боз 5 сохтори қудратӣ: Қушунҳои сарҳадӣ, Қушунҳои дохилии ВКД, Гвардия миллӣ, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия, Кумитаи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда дар воҳидҳои низомии худ дар ҳар мавсими даъват сарбоз мегиранд ва мутмаин бошед, ки ин аҳволе, ки дар вазорати мудофиа ҷой дорад дар ҳамаи ин сохторҳо ҳам ҳаст, бештар ҳасту кам не.

«Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва Раёсати контрразведкаи КДАМ дар воҳидҳои ҳарбии ин сохторҳо кураторони худро доранд. Агар онҳо ҳалол кор кунанд, чунин вазъ пеш намеояд. Аммо онҳо ҳам «зиндагӣ» доранд ва ҳатман дар ин ҷурму ҷиноят шариканд.»

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 20.000 сарбоз дорад. Дар ин вазорат ҳоло аз мавридҳои дуздиҳои калон касе лаб кушода наметавонад. Ончики дар ин ҷаласа гуфта шуд, бовар кунед, ки қатрае аз баҳр аст. Инҷо фақат аз делоҳо ва фактҳое гуфта шуд, ки дар сатҳи поин аст. Гап дар инҷо аст ки дуздони асосии ин вазорат дар худи вазоратанд. Ҳамин хурокиву либосу музаву рахти хоб аз худи вазорат нимта 50% карда мешавад. Вале дуздии асосии вазир ва вазорат асосан аз ҳисоби списат кардани маводди сухт, тиру аслиҳа ва техникаи кориву ҳарбӣ ва махсусан хариди қисмҳои эҳтиётӣ(запчастҳо) аст. Ҳамчунин инҷо аз ҳолатҳои «перевод»и афсару командир, гирифтани рутба пораи зиёд мегиранд. Ҳамаи ин корҳо бо роҳбарӣ ва шарикии худи вазири мудофиа сурат мегирад ва воқеият ин аст ки дар ҳар мавсими даъвати аскарӣ ҳамаи военкомҳо ба вазир садҳо ҳамкорӣ «доля» медиҳанд.

Каме маълумот аз Шералии буруту оила ва писари Ракешаш

Шералии Мирзо ва падару модараш одамони одӣ буданд. Баъди ҷангҳои соли 1992 дар вазорат кор мегиранд. Онҳо аз ноҳияи Московскиянд. Шогирди Шералӣ Хайрулло аст. Баъди чанде донишкадаи ҳарбии Русияро хатм мекунад. Сипас командири бригада дар Кулоб, дертар муовини фармондеҳи қушунҳои зудамал, баъдан сардори Қушунҳои сарҳадӣ ва сипас вазири мудофиа таъин мешавад. Дар ҳасби ҳоли Шералӣ Мирзо нуктаи ҷолиб ин аст ки бисёр ҳам мухлиси ашаддии киноҳои ҳиндӣ (индийский) мебошад. То дараҷае фанати киноҳои «индиски» будааст, ки ду духтар ва як писар дорад, номҳояшонро ба номи актерҳои киноҳои ҳиндӣ мондааст. Писараш РАКЕШ ном дорад.

Вақте писарашро муовини Исмати Дулик, муовини сардори фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мемонад Раҳмонов ба Шералӣ Мирзо мегуяд, ки «ин чи хел ном аст, номашро алиш кун». Баъд номашро Муҳаммад мемонанд. Муҳаммад Мирзозода Шералӣ, яъне ҳамон Ракеш, бинобар маълумотҳои ба мо расида мутахассиси соҳаи бонкдорӣ будааст.

«Ракеш дар соли 2019 дар сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон кор  мекардааст. Таҳмина, духтари Эмомалӣ Раҳмонов Ҳиндустон истироҳат меравад ва дар онҷо бо Муҳаммад бо лақаби Ҷими шинос мешавад. Ин шиносоӣ «умқ» пайдо мекунад. Таҳмина ба Ҷими мегуяд, ки аризаатро навис, ҳамроҳи ман Тоҷикистон меравӣ. Ва ҳамин тавр Муҳаммад меояду бо мусоидати Таҳмна муовини директори генералии ҶСК фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, муъовини Исмати дулик мешавад. Муҳаммад ҳам рутбаи ҳарбии генералӣ ҳамдоштааст. Ҷои истироҳати Таҳмина ва Муҳаммад бустонсарои Шералӣ Мирзо дар Сари Хосори Ховалинг будааст.»

Нисбати Муҳаммад Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами писараш сахт эътиқод доштаанд ва Рустам ҳам бо ӯ бародарвор муносибат мекардааст. Уро мехоҳанд, ки дар оянда муовини раиси КДАМ таъин кунанд вале Таҳмина мехоҳад, ки Муҳаммад баъди президентии Рустам дар ҷойи вай раиси Душанбе шавад. Ин писари Шералӣ Мирзо вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳам ҳаст. Шералӣ Мирзо баъди ин эроди Раҳмонов номҳои духтаронашро тоҷикӣ кардааст. Ракеш ҳам таҳти таъсири падараш киноҳои ҳиндиро нағз мебинад. Вай ҳофиз ҳам будааст ва фақат байтҳои ҳиндӣ мехондааст. Шералӣ Мирзо доимо бо оилааш нишаста киноҳои ҳиндӣ тамошо мекардаанд. Маълум нест,ки чаро «маршировка» бахшида ба 30-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, артиши миллиро, ки қарор буд 23-феврал доир шавад, лағв карданд. Гуё барқия омдааст, ки ин маросим ба 8-сентябр гузаронида шудааст.

Ва, аммо баъди боздошти шаш афсари вазорати мудофиа барои адои намоз ва тамошои  “ Ислоҳ” ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳама воҳидҳои низомӣ ҷаласаҳои фаврӣ баргузор карда ба сарбозону афсарон ҳушдор додаанд, ки аз тақдири онҳо дарси ибрат гиранд ва намоз нахонанд. Вагарна бурда маҳкам мекунанд, ва таъкид кардаанд, ки «эҳтиёт кунед»!

Сообщение Махфӣ:  “Шурои амният аз кори вазири мудофиа норозӣ ва баъзе сирҳои ҷолиб..” появились сначала на ISLOH.net.

Вазъияти бади Лётчикҳои Тоҷик, оё қувваҳои ҳавоии мо омодагии ҷангӣ доранд?
Шикояти Лётчикҳои Тоҷик аз фармондеҳон ва вазъияти бади худ ба “Ислоҳ”, аз ҷиноятҳои зиёде ҳам навиштанд

Ин номаи шикоятӣ аз як гурӯҳ халабонҳо ё лётчикҳои тоҷик ба “Ислоҳ” расидааст,ки хело нигарон кунанда буда ва аз вазъу ҳолати хело баду вахими ин ниҳоди муҳимми низомӣ навиштаанд. Инчунин аз ҷиноятҳои сарфармармондеҳони худ ва ҳатто аз президенти кишвар ва писараш низ шикоят намудаанд,ки ба ваъдаашон вафо накарданд. Агарчӣ тулонӣ аст вале хело дарднок ва хонданист. Умедворем мақомоти марбута ба дарду шикояти ин халабонҳо расидагӣ менамоянд.

Соли 2021Русия чор  ҳавопаймои ҷангӣ, дақиқтараш ду фарванд Миг-29 ва ду фарванд  Су-24 ба Тоҷикистон дод. Аммо лётчикҳои тоҷик дар он ҳавопаймоҳо парвоз карда наметавонистанд. Тоҷикистон лётчике надошт, ки онҳоро ронда тавонад. Хостанд, ки аз хориҷа инструктор даъват кунанд. Инструкторҳо пули калон пурсиданд. Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа ва генерал-лейтенант Сафарализода Раҳмоналӣ Давлат фармондеҳи қувваҳои ҳарбӣ- ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ дар қисми низомӣ дилашон нашуд, ки пул харҷ кунанд. Русияро илтимос мекунанд, ки лётчикҳои моро таълим диҳанд, омӯзонанд.

Боздиди Эмомалӣ Раҳмонов ва Рустами Эмомалӣ аз аэродроми Айнӣ

Охири соли 2021Эмомалӣ Раҳмонов якҷо бо Рустами Эмомалӣ ба аэродроми «Айнӣ» барои дидани ин самолётҳо ба фурудгоҳи Айнӣ омаданд. Шералӣ Мирзо ва Сафарализода  Раҳмоналӣ Давлат  бо ҳайати шахсӣ сарнишинҳову муҳандисони он самолётҳоро якҷо бо ҳайати техникӣ ҷамъ мекунанд ва Эмомалӣ Раҳмонов ҳам афсонаҳои «вайвай»-яшро сар мекунад. Ва дар охири вохурӣ бо онҳо аз Шералӣ Мирзо вазири Мудофиа мепурсад:

-Инҳо хона доранд?

Шералӣ Мирзо:

-Бале,Ҷаноби олӣ!

Эмомалӣ Раҳмонов аз бачаҳо мепурсад -шумо бо  хонаву дар таъмин ҳастен?

Яке аз онҳо ҳарчи бодо бод гуфта чунин ҷавоб медиҳад:

-Не, Ҷаноби олӣ

Ҳамин хел ҳамаи онҳоро мепурсад ва ҳар яки онҳо ҳамин ҷавобро медиҳанд:

-Не,Ҷаноби олӣ, хона надорем, иҷоранишин ҳастем.

Эмомалӣ Раҳмонов  тарафи Шералӣ Мирзо рӯ оварда мегӯяд, ки «то моҳи март инҳо бо хона таъмин шаванд».

Шералӣ Мирзо:

-Фаҳмида шуд, Ҷаноби олӣ.

Эмомалӣ Раҳмонов аз лётчикҳо  мепурсад

-Чанд сум маош мегирен?

2000 сомонӣ ҷаноби олӣ

Эмомалӣ Раҳмонов

-мерасонатона?

-не,Ҷаноби олӣ

Эмомалӣ Раҳмонов ба тарафи вазир баргашта мегуяд,ки « э бача 2000 сомон кам нестай?

Шералӣ Мирзо ҷавоб медиҳад:

-Ислоҳ мекунем,Ҷаноби олӣ.

Как будто Эмомалӣ худаш намедонад, ки ҳарбиҳову табибҳову дигар коргарҳо дар давлате зери идораи ӯ буда чанд сомонӣ маош мегиранд.

Эмомалӣ Раҳмонов ба сӯи Рустам баргашта мегуяд, ки «ай ҳаму пулҳо монд»?

Рустам:

-Ҳо

Эмомалӣ Раҳмонов :

-10донагӣ тақсимшон кун. (мақсад 1000 долларӣ)

Шералӣ Мирзо бо заҳрханда ба Эмомалӣ Раҳмонов мегуяд:

-Ҷаноби олӣ инҳо 1000доллара ҳолӣ надиданд…

Эмомалӣ Раҳмонов ба тарафи Шералӣ Мирзо мегӯяд,ки  вақте лётчикҳо хонданӣ рафтанӣ бояд хонаводаи инҳо таъмин карда шавад.

Шералӣ Мирзо:

-Хуб шудааст,Ҷаноби олӣ.

Мо Лётчикҳо якҷо бо кормандони техникӣ шаҳри Липески Русия хонданӣ омадем. Моро ваъда доданд, ки то шумоҳо баргаштан хонаҳоятонро омода мекунем. Меоеду ба хонаҳои худатон зиндагӣ мекунед. Аммо то ҳозир не хона ҳасту не ҳеҷ чиз. Як бор дар вақти таҳсил ба хонаамон 5литр равған, пиёзу картошка бурда доданду тамом.

Генерал -лейтенант Сафарализода Раҳмоналӣ Давлат 20 сол мешавад, ки фармондеҳ аст.

Дар ҳеҷ қонун чунин нест, ки як нафар 20 сол дар як мақом кор кунад. Баъд аз куҷо навигариву пешравӣ шавад дар ин соҳаи муҳимми низомӣ ва мудофиавӣ? Дуздиву ғоратгариву фиреб мешаваду тамом. Мо лётчикҳо тамоми сирҳои Сафарализода Раҳмоналӣ Давлатро ошкор мекунем, чи таври топливо-сузишвориро бардуруғ «списат» мекунад-тонна-тонна, чи хел арусҳоро меоварад ва инҷоро ба як «дом терпений» табдил кардааст. Баъзе аз лётчикҳову кормандони техникӣ ҳоло чупони Сафарализода Раҳмоналӣ шудаанд. Генерал Сафарализода Раҳмоналӣ аз моҳи январ сар када то моҳи декабр дар инҷо асп, гуспанд, буз ва гов парвариш мекунад. Бечораи сарбозҳо мегуӣ, хидмат неву ферма кор карданӣ омада бошанд: шабу рӯз гову гуспанд парвариш мекунанд.

«Сафарализода  Раҳмоналӣ Давлат  аз Восеъ, ҳамшаҳрии Муроди телех аст. Сузишворӣ ба Тоҷикистон бо вагон аз Русия оварда мешавад. Пули онро вазорати мудофиа медиҳад. Пас, онро ба фурудгоҳи Айнӣ мефиристад. Сафарализода Раҳмоналӣ ҳам дар ВВС (неруҳои ҳавоӣ) ва ҳам дар ПВО (зидди дифои ҳавоӣ) фармондеҳ мебошад.»

Агар барои вазорати мудофиа 10 миллион (рақами шартӣ) ҷудо карда шавад 5 миллиони он ба ВВС ва ПВО гузаронида мешавад. Яъне ними пули вазорат дар фурудгоҳи Айнӣ обу лой мешавад. Сардори «тыл»-и вазорати мудофиаи Тоҷикистон генерал- майор Ибодуллоев мебошад. Мардаки ранги куни дег сиёҳ аст, шикамаш чени тағораӣ 50 килоҳа аст. Вай бо 100 ҳазор доллар рутбаи генералиро харид. Ӯро дар вазорат дар мақоми ҷонишини вазир таъин кардани буданд, лекин ӯ худаш «отказ» кард. Барои онки даромаде, ки дар фурудгоҳ ё аэродроми Айнӣ мебинад аз дигар ҷойи  вазорат бештар аст. Генерал -майор Ибодуллоев шарики генерал- лейтенант Сафарализода Раҳмоналӣ мебошад. Ибодуллоев дар маркази Душанбе дар рӯ ба рӯйи мединиститут корпуси аслӣ як ҳавлии се ошиёнаи муҳташам дорад. Оё бо се ҳазор сомонӣ чунин ҳавлиро мешавад сохта? Ин саволест,ки онро следственный комитет бояд ташхис намояд, на мо лётчикҳои бе сарпаноҳи хору зори иҷора нишин.

«Чи проблемае, ки дар ВВС ва ПВО пеш меояд ҳамаашро Ибодуллоев ҳал мекунад, яъне «кому надо» пулро бурда медиҳад. Барои мисол як ҳодиса рух дод: сарбоз худкушӣ кард. Прокуратураи ҳарбӣ дигар орому қарор намегузорад. Ибодуллоев чамадонро пури пул карда меравад, прокурорро «хабар» мегирад ва ҳама кор ҳал мешавад.»

Генерал Ибодуллоев максимум 3-4 ҳазор сомонӣ маош мегирад аммо бо мошинҳои Лексуси маркаи охир ва Мерс мегардад, ки ҳар яки онҳо бо арзиши на кам аз 150 ҳазор доллар аст. Мошинҳои Сафарализода Раҳмоналӣ асосан Тойота прадо (чандин адад) мебошанд мегардад.

Чанд бор афсарони қисмро бо наша ва бангу чарс қапиданд, ягон гап нашуд. Дар ин гуна ҳолат даррав мегиранду «задним числом» «уволит» мекунанд. Гуё вай дар инҷо хидмат намекард. Як афсар аз «масковский»-ро бо чанд кило нашъа дастгир карданд, аммо ҳамин тавр «тишина» шуд. Афсари дигар Ҳакимов Бахтиёр. Вай сахт ба бозии «ставка» дода шуд. Беш аз 20 ҳазор сомонӣ қарздор шуд, дар ҷои кор худашро паронд, ба ҷони худаш суиқасд кард. Аммо «осечка» медиҳад, дигар афсарҳо хабардор мешаванд. Ин ҳодасаро ҳам «задним число уволит» оформит карда «от греха по далше» гуфта ӯро аз кор ронданд. Соле нест, ки сарбозҳо худкушӣ накунанд ( маълум нест,ки дар асл худкушӣ аст ё кушта мешаванд) аммо ҳама кур, ҳама гунг, ягон чи намешавад. Максимум ягон афсари камбағали бесоҳиби бетағаи бечораро «крайний» карда ва аз кор пеш мекунанд ё ҷои пасттар «перевод» мешавад.

ТИҶОРАТ ДАР ҚИСМҲОИ НИЗОМӢ

Дар Тоҷикистон сарбоз  ду сол хизмат мекунад. Аз рӯйи қоида ҳар ним сол форма-сарулибос, яъне 4 пар форма бояд дода шавад. Ва ҳамин хел ҳам мешавад, фақат дар коғаз, сарбозҳо имзо мегузоранд, ки гирифтанд. Аммо сарбоз як форма мегирад ва то охири хизматаш яъне ду соли пурра онро мепӯшад. Агар фарсуда шуду дарид, сарбоз ба командир пул дода дигарашро мегирад. Вақте сарбозҳо дембл мешаванд, барои форма ҷудо пул медиҳанд ва барои онки зудтар ҷавоб шаванд алоҳида пул медиҳанд. Онҳое, ки пул намедиҳанд, то охири даъват хизмат мекунанд. Барои сарбоз роҳпулӣ то хона дода мешавад. Ин роҳпулиро худи командирҳо мегиранд як дирам ба сарбозон дода намешавад. Боз як далели аҷиб. Як одам ҳаст, ки ҳама намуди формаи ҳарбиро дорад ва шуморааш ҳам ҳар қадар хоҳед дорад. Вақте комиссия омад аз ҳамон одам формаҳоро «аренда» мегиранд, комиссия, ки рафт боз бурда «обратно» медиҳанд. Ин одам ҳамон нафаре аст, ки аз он 4 пари қоидавӣ се тоашро барояш  мефрӯшанд ва вай боз дар ҳолати зарурӣ «аренда» медиҳад. Ин нафар шахси наздики Сафарализода Раҳмоналӣ Давлат аст. То онҷое медонем ин танҳо бо қисмҳои бахши ҳавоӣ не, балки бо чандин қисмҳои қувваҳои мусаллаҳ дақиқан ҳамин корро мекунад.

Сомонайр ва хариди сӯзишвории дуздӣ бо нисфи қимат аз Сафарализода.Р

Тибқи санаду ҳуҷҷат ҳамаи лётчикҳо парвоз кардаанд, самолётҳоро рондаанд. Аммо амалан «полёт»  ё парвоз аслан намекунанд. Чунки Сафарализода Раҳмоналӣ «топливо»-ро мефурӯшад. Ба эҳтимоли зиёд харидори асосии ин «топливо» «Сомонайр»-и Ҳасан Асадуллозода хусурбачаи Эмомалӣ Раҳмонов  аст, чунки «Тоҷикайр» чанд сол шуд дигар парвоз намекунад. Аз ин бармеояд, ки Эмомалӣ Раҳмонов бо сузишвории дуздӣ сафарҳо мекунад. Чунки ин топливо фақат ба самолёт ба кор меравад. Инчунин парвозҳои тиҷорате бо Сомонайр ба дигар кишварҳо сурат мегирад он бо ними нарх харидорӣ мегардад ва инҷо Ҳасан Асадуллозода се чор баробар фоида ҳам мегирад. Ин ҳама бовар кунед хиёнати бузург ба ватан ва сарзамину миллат аст.

Ҳоло акнун фикр кунед, ки лётчике, ки ягон бор пушти штурвал нанишастааст, ҳарими ҳавоӣ, осмони кишварро дар ҳолати «икс» чи гуна ҳимоят мекунад? Чи гуна аз самолёти ҷангӣ истифода мебарад?

Аэродроми Айнӣ  шикоргоҳи “пешво” ва ғоратгоҳи Сафарализода Раҳмоналӣ

Аэродроми Айнӣ ҷои шикори Эмомалӣ Раҳмонов ва Рустами Эмомалӣ мебошад. Дар инҷо онҳо мурғи ҳилол шикор мекунанд. Дар фурудгоҳ гов, гуспанд, буз, асп, мурғ, мурғобӣ, моҳи парвариш мекунанд. Ҳамаи онҳоро сарбозҳо нигоҳ ва бонӣ мекунанд. Патрули махсус ҷудо карда шудааст. Шабу рӯз дар гирди гову гуспанд бечораи солдат дар ҳавои гарму хунук посбонӣ мекунад. Ин ҳама молу мурғҳо ҳамчун хоҷагии ёрирасони қисми низомӣ ҳуҷҷат мешавад, аммо ҳатто як мурғ барои сарбозҳо кушта намешавад. Сафарализода Раҳмоналӣ шабу рӯз фақат маст мегардад.

Инҷо як нафар бо номи Олим прапоршик шуда кор мекунад. Олим сардори ошхона ва «личный повар»-и генерал -лейтенант Сафарализода Раҳмоналӣ  мебошад. Чи хӯроке, ки сарбозу афсарҳо тавассути ҳамин ошхона «списат» мешавад.

Масалан:

«дар як моҳ 2 тонна гушт, моҳӣ, биринч, равған, нахуд ва ғайра. Аммо дар хурок ҳатто буи гуштро намефаҳмӣ аз худи гушт аслан нагуем ҳам мешавад. Аммо барои генерал Сафарализода, сихкабоби махсус  ва хурокҳои бо лаззат пухта  ва тақдим мешавад. Мо лётчикҳо ва сарбозон бо чашмонамон медидем он таъомҳоро тамом.»

Хуроки летчикҳо дар ҳама атиши ҷаҳон аз дигар қисмҳои низомӣ фарқ мекунад:

«Моҳӣ, гушт, тухм, мевагӣ, ҳасиб, панир, сок, компот, хуллас ғизоҳои муқаввӣ-серкаллория. Аммо да Тоҷикистон ҳамаи инҳоро мо танҳо дар рӯи коғаз мехурем. Дар асл хуроке, ки ба мо медиҳанд, дар маҳбасхонаҳо онро намедиҳанд, ҳайвоне, ки худашро ҳурмат мекунад, ин таъомҳоро намехурад.»

Дар 5 соли охир 4 сарбоз худашонро паронданд, лекин ягон гап нашуд, касе ҳам напурсид. Гуё онҳо мурча буданд. Сафарализода Раҳмоналӣ мегуяд, ки «ма ҳамаша  г…м, мара тағам Мурод (Муроди телех) мара лично ҷаноб да и вазифа мондагияй, чизе мехом ҳавая мекинм».

Аз забони ин генерал ягон гапи дуруст намебарояд. Фақат аз очаву аз апаву хоҳар ҳақорат мекунад, боз мегуяд,  «очаи шуморам, апатонам, ататонам, маюм».

То алафҳои аэродромро мефӯрушад.

«Инҳо чаҳор самолётро махсус аз Русия гирифтанд: 2-то Су-24 ва 2-то МиГ-29 . Ин самолётҳо беҳад бисёр сузишворӣ масраф мекунанд. Овардани ин самолётҳо барои он аст ки «списат»-и сузишворӣ бештар бошад, яъне зиёдтар бидузданд.»

Ҳатто худди русҳо ин намуди самолётҳоро истифода намекунанд. Сабаб калон будани расходи топливо, агарчи Русия давлати бой ва абарқудрат ба ҳисоб меравад.

«Ҳамаи таъминоти аэродроми “Айнӣ” аз ҳисоби ҳиндуҳо пардохт карда мешавад.  Ҳатто барои аз ҳиндуҳо бисёртар пул кандан “бордюр”-ҳоеро, ки дар роҳҳои аэродром аз замони шуравӣ боқӣ монда аммо коршоям ва мустаҳкам буданд, вайрон карда шуданд. Ва ба ҷои он «бордюр»-ҳо, пулро аз ҳиндуҳо гирифта, сарбозҳоро маҷбур карданд,ки дар сармои зимистон бетон рехта “бордюр” созанд. Аммо ин бордюрҳо думоҳ нашуда ҳама шикастанду рехтанд. Ва боз аз сари нав пул ҷудо карда мешавад. Ба ин тартиб аз ҳаво дуздӣ мекунанд.»

Афсарҳое дорем, ки рутбаи подполковник ва ё майор доранд   лётчикҳои ҷангианд вале “таға” надоранд. Онҳо ҳар кадоме 3-4 тоӣ фарзанд доранд. Бо маоши моҳона зиндагиашонро пеш бурда наметавонанд. Маҷбуранд бо корҳои сохтмонӣ ва ҷамъ кардани оҳанпора  ва алюминийю мис дар “Айнӣ” машғуланд, то пуле ночизе ба даст биёранд ва зиндагии худро пеш баранд. Ҳатто дар боми ангархое, ки дар онҷо вертолёту самолётҳо таъмир ва кабутарон ҷамъ мешаванд шабона бо фанар шикор карда шиками худ ва кӯдаконашонро сер мекунанд.

Бе шухӣ вақте мо аз шаҳри Сызрани Русия хатм карда омадем, шароити инҷоро дидем, фикр кардем зиндон омадем. Маоши моҳонаи мо аз стипендияе, ки дар вақти курсантиамон мегирифтем камтар аст.

«Вақте мо дар Русия мехондем курсантҳои Тоҷикистон дар байни 15-20 давлати ҷаҳон обуру доштем, ба ягон кас сар хам намекардем дар байни ҳамкурсҳоямон аз ҳар ҷиҳат лидер будем. Аммо вақте ба  ватан баргаштем баъди хатм фаҳмидем, ки саг қадр доштаасту  “лётчик” не….»

Дипломи сурх як тараф истад, бо дипломи тиллоӣ ҳам хатм карда бошӣ “таға” надошта бошӣ ҳич кас ҳастӣ.  Вақте ки бо ҳамкурсҳои худ аз давлатҳои бо мо ҳамсоя  (Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон) ҳатто аз Африқо (Судан, Сумали,) ҳамсӯҳбат мешавем дар ҳайрат мемонем. Чунки баъзеи ин давлатҳоро шароити иқтисодиашон аз мо пасттар аст,  вале ин давлатҳо барои лётчикҳои худ тамоми шароитҳоро муҳайё сохтаанд, то аз чизе камбудӣ надошта бошанд: бо хонаву замину мошин таъминанд, то инки танҳо дар фикри муҳофизати ватан бошанд. Аз рӯйи нақли хамкурсҳоямон музди маоши онҳо дар як моҳ аз 1700$ доллари амрикоӣ камтар набудааст. Аз мо бошад 2000 сомонӣ яъне 200$ доллар.

«Акнун худатон фикр кунед, ки аз ин 2000 сомоние, ки медиҳанд бояд афсар пули иҷора ба камиаш 1500сомонӣ диҳад, роҳкиро кунад, либос пӯшад, хӯрока гирад, ба падару модар ёрдам диҳад. Дар ягон ҳолат, любой хел эконом кунӣ ҳам намерасонӣ.»

Мо тамоман парвоз намекунем гӯем ҳам мешавад. Аз саҳар то шом хобем. Аз ҳисоби набудани практика ҳама таҷрибаи омӯхтаи худро қариб гум кардаем. Худое накарда ҳолати ҷангӣ эълон шавад бо осонӣ ватанро аз даст додан мумкин аст. Чунки омодагии қувваҳои ҳарбӣ- ҳавоӣ дар сатҳи хело паст қарор дорад.

Соли 2012 миёни Тоҷикистон бо Қирғизистон дар марз нофаҳмие ба амал омада буд, ки ҳамаи шумо аз ин хабар доред. Моро фармондеҳ генерал Сафарализода Раҳмоналӣ дар ҳолати мастиаш ҷамъ кард (Сафарализода вечно пиён мегардад) ва гуфт,ки «к..и очаҳо дар сарҳад вазъият безеб аст, если что, мепарен, мезанен»…

Аз байни афсарон лейтенант Мамарасулов Бахтиёр, ки як бачаҳаки кулобӣ ва шух буд гуфт «рафиқ генерал ин самолётҳои мо ракета надора ба чи мезанем?»

Дар ҷавоб генерал Сафарализода Раҳмоналӣ

-к..иоча, тра ягон кас пурсид?! Даркор бошад ба санг мезанен фамидӣ?

понздаҳ ҳазор доллар калиди хона аз «Пешво»

Ҳамин офисер Мамарасулов Бахтиёр таға ёфта дар рубаруи “ГАИ”- 33-юм микрорайон аз тарафи давлат хона гирифт. Калиди онро худи Эмомалӣ Раҳмонов бо тантана супорид. Баъди соҳиби хона шудан, Мамарасулов Бахтиёр боз таға бозӣ карда худро «уволит» кард. Вақте уволит карданӣ шуд ба ӯ гуфтанд агар дар ватан  хизмат кардан нахоҳӣ хонаи додаамонро мегирем.

Дар ҷавоб Мамарасулов Бахтиёр мегӯяд, ки ман ба фалон одам 15 ҳазор доллар додам, то ки навбати хонаро пеш орад. Пулҳоямро баргардонед, хонаро бигиред… Мамарасулов Бахтиёр медонист, ки агар Президент хонаро супорад танҳо бо қарори Президент  хонаро мешавад гирифта…

Ҳамин хел Мамарасулов Бахтиёр уволит шуда рафт. Баъди чанд муддат бо героин дар Русия меқапанд ва зиндон мешавад. Баъди зиндон шудани Мамарасулов Бахтиёр  хонаашро аз модари бевааш мегиранд ва модараш бо зани Мамарасулов Бахтиёр дар кӯча монданд. Ин як ҳолати оддии лётчики таҳсил кардае метавонист ба ин ватан ва давлат хидмат кунад. Хело маҳорати хуб ва яке аз беҳтаринҳоямон буд. Аммо аз нодорӣ ва шароити бади зиндагонӣ даст ба ин кор зад ва ҳаёташро сӯхт. Агар ба Ҷои Сафарализода Раҳмоналӣ як ҷавони таҳсилкарда мебуд беҳтарин кадрҳо аз даст намерафтанд ва Тоҷикистон дар беҳтарин ҳолати мудофеъавӣ қарор мегирифт, аммо ҳайҳот ва афсӯс…

Дар қисмҳои низомӣ маҳал муҳим аст, на донишу малакаи низомӣ

Дар «Айнӣ» боз як ҳолати дигар ҳаст. Командирҳои ҳамаи қисмҳо аз Данғара ё ин  ки аз вилояти пешини Кулоб мебошанд. Ба худо, инҳо бесаводанд «а» — ро аз «б» фарқ намекунанд. Калонҳо ин намуд командирҳои бесаводро махсус мемонанд, то дуздиашонро бе мушкилӣ давом диҳанд. Ҳамаи ҷонишинҳои ин командирҳоро аз бачаҳои Суғд ё инки аз Бадахшон мемонанд. Барои он  ки инҳо нисбат ба командирҳо босаводанд. Ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳоро ҷонишинҳояшон пеш мебаранд. Командирҳо фақат имзо монда метавонанду тамом. «На болше они не способни»

Яке аз ин командирҳои бе савод Собиров Шамс бо лақаби «Трамп» ё инки «рыбный память» мебошад. Саҳарӣ ҳасту нест мекунанд, як гапро 50 бор такрор мекунад. Дар вақти гап заниаш ягон афсар дер карда биёяду иҷозат пурсад тамом, ҳамаи гапҳо, эълонҳо, ки то ин вақт кард, аз ёдаш мебарояд ва боз аз сари нав сар мекунад. Агар се нафар дар построения дер биёянд стройи 10 минута 3 соат давом мекунад. Ду калимаро пайваст карда гап зада наметавонад, фақат через ҳақорат фикрашро гуфта метавонаду халос. «Полковник» Собиров Шамс маълумоти олӣ надорад. Аз рӯи ихтисос техник мебошад. Се  сол училишро хатм кардааст, яъне ӯ ҳақи командиршавиро аслан бо ҳеҷ қонуне надорад. Лекин инҷо Тоҷикистон аст ва Эмомалӣ Раҳмонов сардори ин намуд говҳо аст.

Собиров як гап дорад: «бачаҳо ҳушёр бошен, толибҳо дар сарҳад, қариб омадагианд». Мегуфта бошӣ агар толибҳо дароянд, «как будто» мо ягон чи карда метавониста бошем. Дар ҳама идҳо ё инки президенти ягон кишвар биёяд, ё ки Эмомалӣ Раҳмонов ягонҷо равад 100% казарма эълон карда мешавад. Лекин дар «Айнӣ» ягон намуди шароит нест.

Масалан дар қисми ҳарбӣ 100 нафар афсар бошад, барои 30 нафар ҷои хоб ҳаст 70 нафар бояд дар куҷо биистанд, номаълум, ҷои хоб нест.  Аслан Сафарализода Раҳмоналӣ дар бист соли роҳбарияш як бор дар ин масала фикр накарда аст. Барояш аслан муҳим нест чи мешавад? Кишвар зери хатар қарор дорад.

Як гапи зур дорад: “ма доляра сруп метим, Акаи Муродм зинда бошад, дига у тарафш кори ма нестай, Тоҷикистони моро дар 45 дақиқа любой гурӯҳ мегирад, давлат намегум ма ва қаҳ қаҳ зада механдад”

Ана ин аст ҳолати низомии мо, моро дард мекунад, диламон ба таҳсилотамон месӯзад. Диламон ба ин ватан месӯзад, аммо афсӯс, кӣ сухани моро гӯш мекунад?

Дар идҳо маълум чанд рӯз давом кардани режими козарма.  Лекин Эмомалӣ Раҳмонов хориҷа сафар кунад номаълум кай тамом шудани ҳолати казармавӣ. Аз касе ва чизе сахт метарсанд,ки онашро мо лётчикҳо намедонем.

Барои он  ки фақат Эмомалӣ Раҳмонов ҳақ дорад казармений положенияро отменит кунад. Агар Эмомалӣ Раҳмонов аз ёдаш барояд ҳеҷ вазире- ҷазире дух намекунд ба хотири Эмомалӣ Раҳмонов расонад, то козармаро отменит кунад. Азобро бошад афсарҳои қаторӣ ва лётчикҳо мекашем. Командирҳо дар кобинети салқин май нушида кайф карда дам мегиранд.

Хидмати холаи Зулфиной аз пешво ва ҳама вазиру ҷазир бароямон болотар аст

70% офицерхо аз ошхонаи «Айнӣ» намехурем. Барои онки мумкин дар хонаи баъзеҳо барои сагҳояшон аз ин ғизоҳо болаззаттар хурок диҳанд. Аз ҳамин сабаб ҳама роҳ ба сӯйи  хонаи холаи Зулфиной меравем. Холаи Зулфиной ҳавлиашро мисли ошхона кардааст ва дар онҷо бо духтару келинҳояшон кор мекунанд. Хубии холаи Зулфиной дар ҳамин аст, ки мешавад хуроки худамонро қарз бинависонем. Ҳамин хел моҳ мегузарад. 50% бачаҳо аз холаи Зулфиной қарздор мешаванд. Маошро мегирему бурда медиҳем, бо ҳамин маош тамом мешавад, моҳи дигар боз ҳамин кор такрор мешавад. Раҳмат бар холаи Зулфиной модари ғамхори мо ӯст, на Сафарализода Раҳмоналӣ ва на Эмомалӣ Раҳмонов.

Лейтенант нав аз омӯзишгоҳ ё аз академия хатм карда меояд. Як моҳ хизмат мекунад ва мефаҳмад шароити инҷоро. Аз моҳи дуввум фикри аз армия гурехтанро мекунад ва бо ҳар роҳе худро «уволит» мекунаду ҳуй мехурад, ҷонашро гирифта мегурезад. Мумкин фақат дар Тоҷикистон бошад ин ҳолат. Ин ҷо барои хондан, дохил шудан пул медиҳӣ. Баъди хатми академия «двойной» пора медиҳӣ, ки туро аз армия хориҷ кунанд.

Фирори афсарони таҳсилкарда аз идомаи хидмат дар артиш

Бисёри афсарҳо розианд худашонро разжаловать кунанд ва пагонҳое, ки 10 сол 8 сол хизмат карда, азоб кашида ба рутбаи капитан, майёр расиданд ва умед доштанд, ки ҳозир як мӯъҷизае руй медиҳаду Тоҷикистон обод мешавад, ин шикам дамо сер мешаванду мо ҳам соҳиби як бурида нон мешавем. Ва вақте мефаҳманд, ки ин чиз ба наздикӣ тамом намешавад. Ин гуруснаҳо серӣ надоранд. Аз баҳри ҳама чиз гузашта рутбаҳояшонро ба «рядовой» баробар карда бошад ҳам аз армия мегурезанд…. Ин шармандагӣ нест магар? Инро мешавад хидматҳои “Пешво”и миллат унвон кард ба сарбозон ва афсарон? Мо ба дод омадаем аз ин ҳолатҳо ва ин ҳолатҳо ба фикрам , то рафтани ин “пешво” тағийр ҳам хурданӣ нестанд. Охир мо чикор кунем дар ин ҳолати тоқатфарсо? Ончи навишта истодаем як ҳарфамон дурӯғ ва туҳмат нест ва марҳамат комиссия ташкил кунед аз афроди содиқ санҷед. Аммо боз комиссияи шумо чанд порагиру коррупсионери дигар аст,ки меоянду натиҷааш ҳеҷ аст.

“Пешво”ро намефоридааст,ки афсарон ӯро бубинанд

Ҳангоме, ки ба Тоҷикистон Президентхо дар ягон самит ё нишастҳо меоянд аз ҳамаи хадамотҳо офицерхоро ҷамъ карда мебаранд ва бо автобусҳо тақсим мекунанд. Аз худи шаҳр то дачаи Президент (варзоб) офицерҳо дар ҳар як 30 метр як нафари мемонанд дар чиллаи тобистон 1,5литр об ва як дона хлеби труш бо як килкии-моҳи барои ду нафар тақсим мекунанд.  Ин хӯрокро аз сахар то ба шом барои ду афсар медиҳанд. Вақте мошинҳои Президентхо аз пешамон гузарад мо бояд рӯямонро ба самти кӯҳҳо ё инки тарафи дарёи Варзоб гардонем, хулоса ҳатто бо чашмони худ мошини Президентро ҳаққи дидан надорем. Афсарҳо байни худ гап мезанем барои чӣ Эмомалӣ ба мо афсархои тоҷик бовари надошта бошад?!

Ба ин прогресс диққат диҳед!

Як вақт ба ҷои «полковник» Собиров Шамс «временного-исполняюший обязанности» командир, подполковник Давлатшо Давлатшоевро монданд. Ин мард зодаи Бадахшон аст. Ва босавод ҳам буд. Ҳар вақте имкон мешуд ба генерал Сафарализода Раҳмоналӣ  шикоят мекарду мегуфт барои чӣ палёт ,парвоз нест? Барои чӣ лётчик «как положенно» бо хурок таъмин карда намешавад? Монанд ба ҳамин саволҳоро нотарсида медод. Албатта, ки ин хел инсонҳо дар ягон ҷойи  Тоҷикистон маъқул намешаванд. Сафарализода Раҳмоналӣ мегуфт «Давлатшо Давлатшоев заибат накы саволот кати»!

Як рӯз бояд аэродром вазири мудофиа Шералӣ Мирзо меомад. Генерал Сафарализода Раҳмоналӣ  командирҳоро ҷамъ карда мегӯяд, «бо ягонтат ягон проблема накунӣ, сӯйи  Давлатшо Давлатшоев ҳами ту саволҳои бемаънӣ бисёр метӣ хап када бишин».

Баъди вазир омадан дар охир Шералӣ Мирзо мепурсад

— ягон проблема доран бачаҳо? Генерал Сафарализода Раҳмоналӣ  мегӯяд не мӯҳтарам Вазир! Давлатшо Давлатшоев иҷозат пурсида ба вазир Шералӣ Мирзо савол медиҳад:

Рафиқ генерал полковник мо лётчикхо бояд хӯрокамон аз рӯи норматив инхел бошад гуфта:

наҳор: Тухм, каша, сир, шир, колбаса, шоколад бихурем, лекин ягон хел таъмин карда намешавад. Мо, ҳамкасбҳои худ- ҳиндуҳоро дида ҳавас мекунем. Мо аз онҳо чӣ камбудӣ дорем. Лётчикҳои онҳоро ба мошин то пеши самолёт мебаранд. Техникҳояшон бардошта ба самолёт савор мекунанд. Баъди полёт онҳоро бардошта аз самолёт мефароранд. Бо мошин ошхона мебаранд. Ҳар як лётчики ҳиндуро пешхизмат ранги ресторан заказашро гирифта мебиёрад. Даркор шавад лабҳояшонро бо салфетка тоза мекунад. Мо онҳоро дида худро дар асри 9 представлять мекунем. Онҳо ба ҳоли армияи тоҷик механданд.  Шералӣ Мирзо тарафи Сафарализода Раҳмоналӣ  мегӯяд, ки таъмин карда шавад. Баъди вазир рафтан генерал Сафарализода Раҳмоналӣ  тарафи подполковник Давлатшо Давлатшоев мегуяд: «кунти ман тра гуфтам ку савол нате». Тарафи ҷонишини худ Ибодуллоев мегӯяд, ки «ке..и мара быбр лётчикода ба ҷои колбаса тақсим кы».

Аз байн як чанд моҳ мегузарад ва боз вазир фурудгоҳи «Айнӣ» меояд ва боз подполковник Давлатшоев хеста: «мӯҳтарам вазир ҳамон проблеммаҳое, ки ӯ дафъа гуфтем, то ҳозир ҳали худро наёфтаанд”.

Дар ҷавоб Шералӣ Мирзо вазири мудофиа мегӯяд:

-ин проблемаро ман ҳал карда наметавонам.

Мо, мехостем аз «мӯҳтарам» вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «генерал полковник» Шералӣ Мирзо пурсем: Агар шумо як проблемаи кӯчакро ҳал карда натавонед куҷои шумо вазир аст? Пас, ҷойро холӣ кунед, як одами дигар кор кунад ва проблемаҳоро ҳал кунад!

Баъди ин маҷлис генерал Сафарализода тарафи Давлатшоев мегӯяд, ки ту «к..си оча одам намешӣ». Аз вазифаи временного- исполняющий обязанности командирӣ мегираду боз ба ҷои худ не до «полковник» Собиров Шамс меояд.  Давлатшоев ҳам аз армия дилаш хунук шуда худро «уволит» карду рафт Русия, то ҷое хабар ёфтем феълан дар Москов ба кадом кори дигаре машғул аст.

Аз сабаби кам будани парвозҳо ҳама ташнаи парвоз ҳастанд. Яке парвоз шуданӣ бошад дар любой типи самолёт ё вертолёт фақат генерал майор Талбаев ва генерал- майор Қурбанов Тимур мепаранд. Барои лётчикҳои ҷавон роҳ нест. Боз шарм накарда мегӯянд, ки шумо «ҳолӣ ёшен, ҳоли вақти паридани шумо ҳам мешавад».  Ба фикрам вақти парвози мо лётчикҳои ҷавон пас аз рафтани Эмомалӣ Раҳмонов ва омадани Паймони миллии Тоҷикистон мерасидагист.

Савол барои ин генералҳо:

Агар мо дар ҳамин ҷавонӣ таҷрибаи худро зиёд накунем дар вақти пирӣ мепарем? Шогирди ин генералҳо полковник Лолазода мебошад. Ӯ ба наздикӣ, баъди аз ҷанги Бадахшон омадан, «досрочно» рутбаи полковникӣ гирифт. Ҳамкурсҳои  Лолазода Алишер баъзеҳояшон ҳатто майор ҳам нестанд. Ба фикри мо ин Лолазода аз осмон фаромадааст. Ба Лолазода Алишер рутбаи полковникиро бо пешниҳоди вазири МВД «Ҷеки-чан» —Рамазон Раҳимзода доданд. Лолазода Ҷеки-чанро дар ҷанги Бадахшон бо вертолёт гирифта гашт, чи коре кард, накард досрочно полковникиаш доданд. Ё дар куштани Бадахшониҳо маҳорати хуб нишон дода бошад?

Фармондеҳ Сафарализода Раҳмоналӣ ва айшу ишрати ӯ

Ин генерал Сафарализода  Раҳмоналӣ дар ҳама қисмҳои ВВС ва ПВО ҷои махсуси майишати худро дорад. Ҳатто дар утоқи кориаш отделно комната бо крават ва душ дорад. Яке аз арӯсҳои бешумораш як ҳамсоядухтар дар назди аэродроми Айнӣ мебошад.

Волидони ин духтари бева як гушаи хонаашон дар пеши дарвозаи аэродромро қаҳвахона кардагианд ва майда-чайда ҳам мефурӯшанд.

Ин духтари бева аруси генерал Сафарализода Раҳмоналӣ мебошад ва як кӯдак ҳам дорад. Сафарализода Раҳмоналӣ ба ин бева ҳарчи бисёр зиёд мекунад. Мисол Туркия дамгирӣ роҳӣ мекунад, санаторияи «Баҳористон»-и Қайроқум мефиристад ё Дубай.

Як сол шаби соли нав  як нафар аз мо дар КПП-и главный дежурный буд. Ними шаб  як мерседеси фасон омад. Мебарояд мебинад мошини бегона.Мепурсад куҷо омадед? Мегуяд пеши фармондеҳ генерал Сафарализода Раҳмоналӣ омадлем .Дарвозаро сарбозҳо кушоданд. Дарун даромад. Аз даруни мерс як аруси зебои тақрибан 18сола фаромад. Дар ҳақиқат зебо буд. Ба худ гуфтам духтар худро ҳайф кард. Наход барои пул шуда пеши ҳамин хел хукҳои пир биёӣ.

Бо сарбозу афсарон прикол карда хандидем, ки генерал ба худаш дар соли нав «подарка» кардааст. Снегурочка даъват кардааст, гуфтем. Баъди 4-5 соат снегурочка бо мерс баромада рафт.

Як дафъаи дигар яке аз арӯсҳои генерал Сафарализодаро офицерҳо дарун мебаранд «отдых» мекунанд ва арусҳоро кидат мекунанд. Яъне пулҳояшонро намедиҳанд. Арӯсҳо пеши «папашон» генерал Сафарализода Раҳмоналӣ  жалоб карданӣ меоянд. Мегӯянд моро офисерҳоят кор фармуда  пуломонро надоданд. Хуллас доду войро мебардоранд. Генерал Сафарализода Раҳмоналӣ  дастур медиҳад, ки срочно ҳамаи личный составро ҷамъ кунед! Личный составро строй карда беваҳоро мегӯяд кадоми аз ин к..и занҳо ҳамин корро кард? Беваҳо якто ба якто афсаронро мебинанд. Лекин у ду афсаре, ки ин корро карда буд дар  строй набуданд. Ин офисерхо фаҳмидан, ки ҳамин хел гапу чапай гурехтанд.

Баъде, ки беваҳо нашинохтанд генерал Сафарализода Раҳмоналӣ  ба финансист Ибодуллоев гуфт «бра и к…и очаҳора сумошона бте, а то заибат кадан». Ибодуллоев беваҳоро гирифта кабинеташ бурд барои ҳисобӣ кардан.

Генерал Сафарализода Раҳмоналӣ дар пеши личный состави ҷамъ шуда -тақрибан 200нафар- мегуяд «к..и очахо к…с г…да наметонен баъд к…ма арусбози мекынен? Бо арӯсҳои мара ме…н? Агар ёфтм,ку ахтатон мекынм. Дар ича тоқа ма к..с г..да метонм, дига ҳиҷ кас ҳақ надора». Дар он строй домоди худи Сафарализода Раҳмоналӣ  ҳам буд. Мо байни худ мегӯем падарлаънат ин генерал аз ҳамин домодаш ҳам изо намекашад.

Бо як аруси генерал Сафарализода як офисери қисми ҳарбӣ ҳамхоба мешавад. Арус нақл мекунад, ки генерали шумо он онқадар ҳам хуб неее.(инҷо комилан ҳама ҳолатҳоро навиштаанд,ки аз ҷузиёти онҳо худдорӣ мекунем)  Ин офисер бовар намекунад. Арус детально описать мекунад, ҷои отдыхи генерал Сафарализодаро, дар куҷо, чи хелӣ крават  истодааст, чи хелӣ душ. Хулоса ҳамаашро дақиқ он фоҳиша мегӯяд.

Каме аз дуздии сӯзишвории фармондеҳон ва хитоб ба Генерал Сафарализода ва Шералӣ Мирзо!

Дар аэродроми Айнӣ вертолетҳои Русия ҳам меистад. Самолетҳояшон меоянду мераванд.

Вақте моро ба вилояти Суғд, шаҳри Чкалов командировка роҳӣ карданд дар онҷо фаҳмидем, ки чи хел топливо дуздида мешавад. Бояд ҳар ҳафта вертолёти низомии Тоҷикистон парвоз карда, сарҳади Ӯзбакистон ва Қирғизистонро хабар гиранд. Аммо дар як моҳ як бор парвоз мекунанд. Лекин дар қоғаз чаҳор бор навишта мешавад

Вазорати мудофиа

Самолётҳо:

-2то МиГ-29

-2то Су-24

-4то Л-39

-1то Ан-26

-1то Ту-134

-1то Ан-2 дорад.

Самолёти Ан-2 бо бензин мепарад. Аз ҳамин сабаб як хел офисерҳо аз ӯ бензин дуздида мефурӯшанд. Ан-2 сливной кран дорад, аз ҳамонҷо бензин дуздида мешавад.

Вертолётҳо:

6-то Ми-24, нимаш вайрона

10то Ми-8 инҳо ҳам ҳамин хел, нимаш вайрона

Дар инҷо гап хеле зиёд аст. Мо, ҳоло тоза оғоз кардаем ба гуфтани дардҳои диламон…

Вале ваъда медиҳем, ки агар лётчикҳои Тоҷикистон бо хонаву дар ва бо маоши муносиб таъмин карда нашаванд ва ончи ба мо аз буҷҷаи кишвар ва вазорати мудофиа  ихтисос дода шудааст онро бароямон надиҳанд. Хело аз  сирҳоро мекушоем ва ба «Ислоҳ» мерасонем. Бигзор бидонанд, ки мо ҳамаашро медонем, ки ин дуздҳо аз ҳисоби мо кайфу сафо карда гаштаанд. Мо гуфтему шумо шунидед!.

Ps: Ин номаи халабонҳои Тоҷик,ки аз вазъияти бадашон ба “Ислоҳ” навиштанд. Чун, ки диданд ҳеҷ ниҳоде ва ҳатто худи Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ба додашон нарасид. Ошкоро гуфт: “ман ҳеҷ коре карда наметавонам”. Ончи Эмомалӣ Раҳмонов ва писараш Рустами Эмомалӣ бояд мекарданд ва фармон ҳам доданд он иҷро нагашт. Пас но илоҷ дигар ягон маконе вуҷуд надошт, то дардашонро бигӯянд. Омаданд суроғи “Ислоҳ” ва гуфтанд ҳарчи бодо боду навиштанд. Мо ҳам дигар матолибро канор гузоштему пардохтем ба таҳқиқу омӯзиши ин номаи шикоятӣ.

Ҳангоми омода намудани ин матлаб афсарони бо нангу номуси десанти кишвар навиштанд. Албатта дар мавриди иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи 25 умин солгарди десантчиёни тоҷик дар Ноҳияи Хуросон рӯзи 2 уми август сурат гирифт. Он омӯзиши намоишкоронаро навиштаанд,ки  чӣ гӯна спектакл онҷо баргузор намуданд муфассал тақдими “Ислоҳ”  менамоем. Феълан ҳолат ва вазъи десантчиёнро ба “Ислоҳ” фиристодаанд, ки хело вахим аст. Мо мунтазири гузориши комили ин афсарони бо нангу номуси миллат ҳастем, то ба шакли пурра онро тақдим намоем.  Ин афсарон навиштаанд, ҳама ончи дар ТВ ҳо мебинед ин як намоише беш нест ва бо ин шакл Эмомалӣ Раҳмонов мехоҳад мардумро бештар тарсонад, ки ман чи қадар пурқувватам ва ҳар касе садо баланд кард ӯро маҳв менамоям. Ончи дар навор дидед, 300 нафар ҳамлагарон нобуд шуданду, ана ин шуду , ана он шуд. Қувваҳои ҳавоӣ ва заминӣ чунин карданду чунон карданд. Ҳамаи онро фикр намоед,ки ҳадаф мардуми осоишта  буда ва ҳеҷ ҳуҷуме кишвари моро таҳдид намекунад. Мошинҳои десантбари мо акомулятор надоранд, сӯзишворӣ надорем, нони хурдан надорем, тир барои машқҳоямон надорем. Мо ҳамавазъро бо чашмонамон мебинему дар дохили ин қисмҳо қарор дорем. Раҳмонов аз мардуми бо зулм  болояшон ҳукумат  карда истода бештар тарсу ҳарос дорад, аз ҳар ҳуҷуми мусаллаҳонаи дигаре. Тафсилотро интизор бошед….

Сообщение Вазъияти бади Лётчикҳои Тоҷик, оё қувваҳои ҳавоии мо омодагии ҷангӣ доранд? появились сначала на ISLOH.net.

Дипломатияи сабри Эрон, Раҳмоновро сархам ва муътариф ба гуноҳ кард
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон дуввумин масъули баландпояи мақомоти интизомиву қудратии Тоҷикистон баъд аз Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон аст  ки дар пайи даргириҳои  хунини миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар авохири апрели соли ҷорӣ ба Эрон сафар мекунад. Дақиқан ин сафар дар солргарди реҳлати бунёнгузори ҶИЭ Имом Хумайнӣ барномарезӣ шудааст. Яъне Рамазон Раҳимзода бояд дар ин маросим ало рағми нахостанаш ҳам иштирок кунад. Ин наметавонад тасодуфӣ бошад. Чуноне Вазири мудофиъаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар оромгоҳи Сардор Сулаймонӣ рафта дастбардошта бо “Чест”и эҳтиром арҷгузорӣ намуд. Ин ҳамаро хуб метавонед аҳамият диҳед, ки аз зиракии мақомоти Эронӣ шаҳодат медиҳад. Яъне пас аз ин қадар тавҳине ба кишвари Эрон кардед ҳоло маҷбуред сархам карда бо ин шакл узрхоҳи аз асосгузорони ҶИЭ кунед. Браво оқоюн, ба ин коратон ман қоил, ки ин ду вазири қудратӣ ё ҷанролҳои хашинро чунин гушмол намудед. Ин дуро гушмол намудан , силлие бар чеҳраи Раҳмонов буд. Аммо ин корро ҳатман бояд бо СС.Ятимов ҳам мекардед, дигар мо комилан қоил мешудем. Агар ин дафъа сафари СС.Ятимов дар нақша бошад, ҳатман ба ормгоҳи Муассиси ҶИЭ ӯро бубареду гулчамбаргузошта ашк ҳам бирезад.  Набояд дар сафаре қабл аз ин ду дошт СС.Ятимовро бе чунин гушмол чапасар мефиристодед. Яъне то инҷо масали тоҷикии хубе ба ёдам омад : “Давидани гусола,то каҳдон” Дипломатяро аз Эрониҳо омӯзед ҷанобони қипчоқӣ.

Пушти ин сафарҳо ва ҳадафи тағйири  муносибати Душанбе бо Теҳрон  чи буда  метавонадро  танҳо метавон ҳадс зад. Зеро то ҳамин чанд гоҳи пеш Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли дарбори вай Эронро бо бадтарин шева мазаммат ва интиқод карда ва дар симои ин кишвар душмани ошкорои давлати Тоҷикистонро тасвир карда буданд. Дар воқеъ Эрон як кишваре ҳамзабону ҳамфарҳанг ва мудофеи манофеи милливу давлатии тоҷикон, ки нахустин шуда истиқлоли давлати Тоҷикистонро ба расмият бишинохт, нахустин шуда сафорати худ дар Душанберо ифтитоҳ кард ва бидуни онки кадом  ғараз ва хостае дошта бошад тавассути созмонҳои ёригари худ,аз ҷумла Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ ба даҳҳо миллион доллар ба фақирону қаҳтзадагони вилояти собиқи Кулоб дар солҳои ҷанг ва то ҳамин ба наздикиҳо кӯмакҳои маҷонӣ расонид, нақби Истиқлолро сохту дод, неругоҳи Сангтуда-2-ро бунёд карда ва то ба ҳамин ҳоло як дирам ҳам тақозо накардааст, яку якбора мавриди иҳонат, тӯҳмат, тавҳин ва нафрати Раҳмонов ва наздикони дар ҳукумати вай қарор гирифт. Шахсан худи Раҳмонов на як бору ду бор бо киноя, тамасхур ва танаффури зиёд «кишвари дар нохунак дӯст» гуфт, яъне ба ҳадде аз Эрон мутанаффир шуда буд, ки  аз номашро бурдан иҷтиноб меварзид. Ингор дар сентябри соли 2015 ҲНИТ бо пули Эрон Ҳоҷӣ Ҳалимро  барои баргузории як табаддлуоти давлатӣ водор карда бошад. Дар оташи ғазаби Раҳмонов дидору мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар ҳошияи як ҳамоиши байналмилалӣ дар Теҳрон бо раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон оятулло Алии Хоманаӣ равғани бештар рехт ва дигар дасту даҳони нукарони мафкуравӣ ва назарияпардозони Раҳмоновро дошта намешуд.

«Тӯҳмату таҳқиру тавҳин алайҳи Эрон то онҷо кашид, ки дигар алайҳи он филмҳо ҳам  ба намоиш даромад, ва Эрон дар зеҳнҳо ва тасвирҳо тавре ҷо карда мешуд, ки он дигар имрӯзу пагоҳ дар Тоҷикистон инқилоб мекунад ва Муҳиддин Кабириро меоварад ва давлати исломӣ барпо мекунад.»

Резахорону муздуроне мисли Абдуллоҳи Раҳнамо ва Сайфулло Сафаров  ҳатто шарт мегузоштанд, ки агар Эрон бихоҳад бо Тоҷикистон  муносибати хуб дошта бошад мавқеашро муайян кунад: Бо Кабирӣ аст ва ё бо Раҳмонов? Барои мисол Раҳнамо мегуфт, ки худи ҲНИТ ҳеҷ чизе нест, гурӯҳи заиф аст, аммо пуштибонони қавии хориҷӣ дорад. Манзури Раҳнамо, албатта Эрон буд. Аммо ҷуръаташро надошт, ки ошкоро бигӯяд, чун аз ин кишвар сахт муттаҳам аст. Вақте Сафаров ҳам менавишт,ки ҲНИТ абзори дасти хориҷиҳост,ӯ хориҷӣ гуфта Эронро дар назар дошт.

«Аммо давлати Эрон ин ҳамаро нодида гирифт, чун ин ҳама иттиҳомот бепояву асос буданд. Ва,дигар ҳам ин ки ба худ муносиб надид, ки ба як  хурду реза ва ба як заъифи нотавон посух бидиҳад ва лоиқ надонист. Иттиҳомоти Раҳмонову мубаллиғони камзарфияти вай барои бадномсозии Эрон то ба ҳадде пешрафт карданд, ки гуфтанд дар манотиқи мухталифи Эрон  тоҷикон тамриноти низомӣ дода мешаванд, Сипоҳи посдорони инқилоби Исломӣ барои Кабирӣ маблағ медиҳад ва фалону маҳмадони дигар.»

Аммо ҳоло мебинем, ки ин ҳама иттиҳомот фаромуш шуда ва яке, яке вазирони қудратии Раҳмонов мераванду аз барқарорӣ ва суръатбахшии ҳамкориҳо суҳбат мекунанд.

Шералӣ Мирзо, вазири дифоъ аз ташкили Кумитаи муштаркаи дифои Эрону Тоҷикистон  изҳори хушҳолӣ мекунаду Рамазон Раҳимзода дархости ифтитоҳи дафтари намояндагии вазорати дохилии Эрон дар Душанберо орзу дорад.

Дар ҳар сурат ин қадар аҷала,ин қадар шитоб ин ҳама такопуву тапиданҳо  нишонаи возеҳи он аст,ки  Раҳмонов аз  ҷое шадидан эҳсоси хатар ва ноамнӣ доранд . Боз ин ҳама аҷала дар фиристодани мақомоти баландпояаш медонед барои чӣ аст ? Мабодо раисҷумҳури ҷадид бо ин ҳама тавҳинҳое бар алайҳи Эрон намудем дигар барқарории равобитро нахоҳанду дар саҳро монем. Раҳмонов ҳоло ба ҳама шартҳо омодааст,то бо мақомоташ,бо сафиронаш мулоқоте сурат бигирад. Раҳмонов ,бисёр мехоҳад, ки Оятулло Алии Хоманаӣ эълон кунад, ки сипари боэътимоди Тоҷикистон аст. Дигар фарқе надорад, ки Эрон Ҷумҳурии исломист, фаромӯш кардааст барҳазардоштанҳояшро аз минбарҳо бар алайҳи Эрон. Муҳим эълон кунад  ва баёняе диҳад, ки Тоҷикистон шарики асосӣ, балки «укоча»-и Эрон аст ва Хоманаӣ падари Эмомалӣ Раҳмонов. Ҳамчуноне солҳои пеш Ислом Каримовро ба падараш монанд мекард ва «отамиз» гуфта буд. Аммо Раҳмонов бохт ва ин бохти хело шармовару фаромӯш ношудинии торихист.

«Мунтаҳо дар як турфатулайн Эрони Кабирӣ шуд Эрони Раҳмонов. Ҳоло ин сари турбати Ҳофизу Саъдӣ рафтанҳову аз Тахти Ҷамшед зиёрат карданҳову  аз муштаракатои забони форсӣ гуфтанҳои Рамазон Раҳимзодаи Ниҳониро намегӯед?»

Ҳамагӣ саркану покан ва кашолу молон ба самти Эрон руй оварда истодаанд. Дар ҳоле, ки ба маҳзи мухолафати Тоҷикистон дар соли 2019 Эрон натавонист узвияти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой бишавад, ҳоло сафири Тоҷикистон дар Эрон изҳор доштааст, ки барои вуруди Эрон ба ин созмон кадом мушкил вуҷуд надорад ва Тоҷикистон кишварҳои узвро ташвиқ мекунад, ки аз барои пайвасти Эрон даст бардоранд. Аҷаб! Беш аз ин,саросемавор  ва мисли як нафаре,ки аз ғарқшавӣ раҳояш додаанду намедонад  домани наҷотдиҳандаро раҳо кунад ё хайр, ин сафири булфузул аз раиси ҷумҳури ҳоло номунтахаби Эрон  даъват кардааст, ки ба Душанбе ташриф биоварад.

Вале, бояд бароятон бигӯям, ки раиси ҷумҳурии ояндаи Эрон 100% аз Ҳасани Руҳонӣ фарқ хоҳад дошт. Ин раиси ҷумҳурӣ  дар гумон аст иҷоза бидиҳад, ки Раҳмонов ва режими вай бо Эрон бо якчунин такаббур ва нописандӣ муносибат кунад. Зеро Раҳмонов инро мехоҳад ё не Эрон ҳатман узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мешавад. Ҳатто дар ҳамин созмон ҳам Эрон метавонад муттакои Тоҷикистон бошад.

«Инро низ бояд зикр намоям,ки Эрон бо ду кишвари абарқудрат ва зинуфзӣ Созмони ҳамкории Шогҳои ончунон робитаи қавӣ ва стратегӣ дорад,ки дигар ворид шудан ва нашуданаш дар он ниёзе нест. Чаро ниёзе нест? Масалан  Эрон бо Чин қарордоди чансад миллиард долларӣ дорад ва ба муддати 25 сол. Дар мавриди Русия бошад ниёз ба шарҳу тафсиле надоред. Чун робита ва қарордодҳо дар чандин соҳаро дорад ва амал карда истодааст. Бояд инро низ қайд намоям, ки Эрон бо ҳеҷ кишварҳои узви созмони Шонгҳои ҳеҷ мушкилоте ҳам надорад ҷуз Тоҷикистон. Аммо Эрон набояд фаромӯш кунад, ки ҳоло ягона мухолифи воридшудани кишвараш дар ин созмон пас аз танишҳои охири Тоҷику Қирғиз ва ин сафарҳои мақомоти қудратӣ, метавонад Қирғизистон бошад. Иллати асосии ин ҳам Раҳмонов аст, ки вазъро ба ин ҳоллат оварда расонид.»

Ҳоло, ки маълум аст Русия ва Чин дар бархурд бо Қирғизистон ба ҳеҷ ваҷҳ пушти яке аз ду ҷонибро нахоҳанд гирифт, Раҳмонов ночор шудааст, ки рӯ ба Эрон оварад.

«Аммо чуноне гуфтем  ҳукумат ва раиси нави Эрон баъид аст  ба ин роҳатӣ бо як нафаре, ки зидди ислом аст, мусалмононро ҳамарӯза таҳқиру тавҳин мекунад, зиндонӣ кардааст ва ҳоло ҳам дорад идома медиҳад, тарҳи хуби ҳамкорӣ ба роҳ монад. Ба эҳтимоли зиёд сиёсатҳои ин давлати муқтадири минтақа бахусус барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дучори тағйир хоҳад шуд.»

Бубинед, ки ҳамин ҳоло ҳам Раҳмонов ва бахусус мақомоти амниятии он доранд бо Эрон душмании худро идома медиҳанд.

Рамазон Раҳимзода дар ҳоле бо мақомоти эронӣ  асноди ҳамкорӣ ба имзо мерасонад, ки  дар Тоҷикистон донишҷӯён ва хатмкардаҳои тоҷики донишгоҳҳои Эрон дастгир ва ба давраҳои тӯлонӣ ба зиндон кашонида мешаванд. Дар шумори ин донишҷӯҳо онҳое, ки  дар арсаҳои дунявӣ таҳсил кардаанд низ кам нестанд. Аммо дар ин маврид ҳам Эрон  кадом вокуниши кучаке нишон надодааст.

«Инчунин Рамазон Раҳимзода дар Эрон асту бо мақомоти баландпоя мулоқот менамояд. Аммо дар шабакаҳои иҷтимоъи гурӯҳи ташкилнамудаи ВКД ва дақиақан ана ҳамин Рамазон Раҳимзода бо номи «АВАНГАРД» ба роҳбарияти давлати Эрон тавҳин ва носазо, аксҳои роҳбарияти онро хашин ба мардуми Тоҷик ба намоиш мегузоранд ва иттиҳом ба ҳамкорӣ бо ҲНИТ ва роҳбарияти он мекунад. Магар ин аз сидқи ин режим ва ВКД ӯ мекунад?»

Бархе аз коршиносон  чунин ақида доранд,ки боздошту ҳабси шаҳрвандони ҷавони тоҷик, яъне ҳамин хатмкарда ва толибилмони феълӣ чи рабте ба Эрон  дорад. Чун онҳоро Эрон умдатан ройгон омӯзонидааст, боз  чи коре бикунад ва ин дигар кори худи давлати Тоҷикистон аст. Бале, ин ақида  дар назари аввал мантиқӣ ба назар мерасад. Аммо, чаро ин гуна сарнавишт болои тоҷикони муҳассил ва ё  хатмкардаҳои  кишварҳои дигари олам масалан Русия ва ё Амрико наомадааст? Онҳое, ки дар кишварҳои ба истилоҳ  исломӣ  ва беш аз ҳама Эрон  таҳсил кардаанд, омадааст? Ҳоло Эрон ин ҳақро надорад, ки бипурсад чаро чунин вазъ болои донишомӯзони тоҷики донишгоҳҳои Эрон  пеш омадааст? Хамушии мақомоти эронӣ ҳам таассуфангез ва ҳам номафҳум аст. Чун дигар рӯшан аст, ки онҳоро ба маҳзи инки дар Эрон  таҳсил кардаанд, ҳабсу зиндон намуданд. Магар Эрон бо онҳо чи карда, ки хомуш аст? Бадбахтона дар ин васат дар шумори боздошту зиндонишудаҳо олимону устодон низ ҳастанд,ки бархе аз онҳо ҳатто фориғуттаҳсилини 15-20 сол пештари  донишгоҳҳои эронианд.

Шералӣ Мирзо,вазири дифоъ, Рамазон Раҳимзода, вазири  умури дохила ба Эрон сафар карданду тавбаву надомати Раҳмоновро расониданд. Ҳоло, чи  хеле  тоҷикҳо  мегӯянд, «дафъаи мардон то се бор»,магар инки СС.Ятимов,раиси КДАМ ва барномарезу тарроҳи қатъи равобити ҳасанаи Тоҷикистону Эрон ва муаллифи асосии бадномсозиву душмантарошии Эрон низ бояд биравад ва ба зону биншинад, то Эрон «кишвари дӯст дар даруни нохунак» албатта барои мақомоти тоҷик,ки аз соли 2015,то кунун Эрон бо чунин ном дар ВАО ёд мешуд ва «пуштибони Кабирӣ» ва бахусус раиси ҷумҳурии нави он бар самимият ва садоқати Раҳмонов бовар кунад ва дар масофи бо Қирғизистон пушти онро холӣ нагузорад…

Сообщение Дипломатияи сабри Эрон, Раҳмоновро сархам ва муътариф ба гуноҳ кард появились сначала на ISLOH.net.

Даҳшат дар қисмҳои ҳарбӣ, вазир аз он огоҳӣ дорад?
(Бахши аввал)

Иншабурӯзҳо,ки дар кишвари азизамон боз ҳам мавсими “облава” идома дорад. Дар дасти мо як матлабе расид,ки дар бораи вазъияти хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳикоят мекунад. Баъди мутолиаи ин матлаб шумо худ пай мебаред, ки чаро ҷавонҳо аз хизмати сарбозӣ  фирор мекунанд? Албатта, дар ин матлаб ҳамаи паҳлуҳои ин масъала, саркашӣ ва фирори ҷавонҳо аз хидмат дар артиш нишон дода нашудааст. Аммо ҷолибии ин матлаб дар он аст ки онро як нафар сарбоз ҳикоят кардааст ва ончиро рӯи коғаз овардааст, ки худ шоҳиди бевосита буда ва ҳаводисро бо чашми сар дидааст. Беш аз ин намегӯем ва матлабро ба қазоват ва қироати шумо ҳавола мекунем:

23 май соли 2016 довталабона барои хизмати аскарӣ ба комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон омадам. Маро ба қисми ҳарбии 051 052- маркази таълимии Гвардияи миллӣ гирифтанд. Командири ротаи таълимӣ капитан Намозов ва муовинаш капитан Давлатов буданд. (Давлатов  як  инсони пастфитрат ва ниҳоят бераҳму инсоф буд.) Вақте ки моро таълим медод, ба ман мегуфт:  “ту к…и апа, ту вофчик ҳастӣ, хез аз ҷоят, рост шин  ва то даҳонаш хаста шудан маро мешинонду мехезонд ва ҳамин тавр ҳар намуд азоб медод. Вақте мо ташна мешудем, ба ҳар  як одам як кружка об медод, ба ман як  даҳанаки кока-кола медоду мегуфт ту вофчики ҳамиш басай”. Баъди 19 рӯз вақте моро ба қисмҳои ҳарбӣ тақсим мекарданд, дар болои мо-сарбозҳо ҷанг мешуд.

Командирони баталонҳо пешакӣ  медонанд, ки бой кӣ ҳасту кӣ камбағал. Бойҳо ва сумдорҳоро ба дивизиони  артилерия ва ё  дастаҳои зудамал мегиранд. Камбағалҳоро  ба таъинотӣ ва баталони танк. Аз сумдорҳо пул кор мекунанд вале аз камбағалҳо кор карда намешавад. Командири қисми ҳарбии 051055 Аҳтам Одиназода-як инсони хушгапу  хушмуомила ва  бо тамкин буд, ба сарбозҳо кор надошт қисми ҳарбиро низ орому осуда нигоҳ медошт. Ҳикояҳои ҷолиб мекард аз зиндагии худаш ва ё аз шунидаҳову хондаҳояш. Ӯро аз вазифа барканор карданд. Дар ҷойи ӯ Ҷурахон Бобохонзода  зодаи Данғара омад. Вай дар гузашта дар мақоми сардори шӯъбаи таъиноти махсуси Гвардияи миллӣ дар Рашт кор мекардааст. Дар вақти ҷанг дар Ғарм ӯро ба ҳайати шахсии дастаи таъиноти махсус сафарбар карда будаанд. Дар  яке аз задухӯрдҳо вақте ақибнишинӣ мекунанд вай ҳайати шахсиро  партофта гурехтааст. Тибқи қонунҳои ҳарбӣ ва низ тибқи талаботи шароити  ҷангӣ  ӯ  бояд ҷазои сахт мегирифт. Вале  азбаски ӯ аз Данғара буд ва як хешаш, ки дар Дастгоҳи иҷроияи Прездент кор мекард, ӯро ба вазифаи нав -сардори штаби қисми ҳарбии 051 054 мегузаронад. Дар соли 2016 бошад  ӯро ба мақоми командири қисми ҳарбии  051 055 ба ҷой Одиназода Аҳтам  оварданд. Гӯиё Одиназодаро ҳамин Бобохонзода аз қисми ҳарбӣ пеш кардааст. Вале Одиназода рафиқи наздики Бобоҷон Ҷамолзода, фармондеҳи Гвардияи Миллӣ буд. Фармондеҳ  Бобохонзода  Ҷурахон ро нағз намедид. Вақте ки Бобохонзода  Ҷурахон  ба қисми ҳарби 051 055 омад ҷинояткорӣ, махсусан ришваву фасод авҷ гирифт. Ҷиноятҳои бештар дар баталони  двизиони артиллерӣ ба қайд гирифта мешуд. Командири двизия майёр Ҳусейнов Саттор Сулаймонович аз Ванҷ  аст. Ба Ҳусейнов подполковник Раҷабалӣ Иззатов аз Ёвон сахт халал мерасонд. Ҳусейнов Саттор пули рухсатиро ба се нафар тақсим мекард:-ба  командири қисми ҳарбӣ Бобохонзода  Ҷурахон ва муовини командири қисми ҳарбӣ оид ба  масъалаи  сиёсӣ ва тарбиявӣ Иззатов Раҷабалӣ ва худаш. Иззатов Раҷабалӣ хушмуомила буд.

Бисёрии сарбозҳо мехостанд, ки  Иззатов Раҷабалӣ ба рухсатӣ ҷавоб диҳад. Ин кор ба Ҳусейнов Саттор писанд намеомад. Нақшаи  аз вазифа барканор кардани Иззатов Раҷабалиро кашиданд. Пӯшида нест,ки ҳамаи командирҳо посредник доранд. Посредники подполковник Иззатов Раҷабалӣ аз сарбозони баталони зудамал буд, ки командири он майёр Назиров Бахтиёр буд . Як рӯз посредники Иззатовро Саттор Ҳусейнов фарёд мекунад ба пеши столи зери арчаи двизия. Мегӯяд, ки ту чи хел дембли, ки шашак гушат намекунад. Вақте ҳоҷатхона меравад, бираву тарбия кун. Ман шумо-демблҳоро тарбия мекунам. Сарбози дембл Фрайдиновро аз ин гапҳо қаҳр ва ғазабаш меояд ва мравад ҳоҷатхона. Онҷо ҷангҷол мешавад. Як мушт мезанад,ки колингаш мешиканад. Майёр Назаров, командири онҳо зуд мебарад хонаашон ва дар онҷо баъди як рӯзи табобат бармегардонанд. Кайфияташ нохуб. Дар пеши дарвозаи қисми ҳарбӣ бо Ҳусенов Саттор вомехуранд. Саттор мегӯяд,ки ту чи хелӣ командири баталон ҳастӣ, ки демблҳоят аз худ рафтагӣ. Аз ин гап майёр Назиров ба ғазаб меояд. Шаб сарбозонашро мефармояд, ки либосҳоятонро кашед ,голий кунед ва  куни лич дар даҳлези ситод бо кун роҳ гардед.Ҳамин тавр дар рӯи даҳлези сементӣ роҳ мегарданд ва лабҳои кунашон меканаду хуншор мешавад. Баъд Ҳусейнов Саттор хапу дам-тихо ба Прокурори ҳарбӣ занг мезанад ва воқеаро нақл мекунад.

Мегӯяд,ки дар хонаи командири баталони зудамал колинги сарбоз шикастагӣ аст. Аз прокуратураи ҳарбӣ зуд тафтишот шурӯъ мешавад. Сарбози ҷоғаш шикастаро мебинанд. Ба қисми ҳарбии баталони зудамал омада аз 14 сарбоз  нишондод мегиранд ва парванда боз мекунанд. Иззатов Раҷабалиро аз мақомаш барканор карданд. Феълан Ҳусейнов Саттор пулҳои рухсатиро ба нафари сеюм тақсим намекунад. Ҳамчунин дар инҷо Тутиёев  Исматулло Фатҳуллоевич -соли тавалудаш1985, зодаи Норак кафедраи ҳарбиро хатм намуда дар двизияи артиллерӣ дар Гвардияи миллӣ кор кардааст. 2015 дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим иштирок кардааст. Ҳоҷӣ ҳалимро бо град зада кушт. Баъди ин муовин оид ба корҳои ҳарбии командири қисми ҳарбӣ таъин мешавад. Баъди 6 моҳ  сардори штаби қисми ҳарбӣ таъин мешавад. Сипас Русия равон мекунанд. Хонда омад. Ҳозир командири қисми ҳарбӣ аст.

Дар қисмҳои ҳарбӣ дуздӣ ошкоро сурат мегирад.  Барои мисол капитан  Ашурматов Ҳасан вақте қаровул меистад аз фурсат истифода бурда аз анбори хуроквории  амбори  дар  бари девори  қисми ҳарии 08.010 вазорати мудофиа картошка ва пиёз, лаблабу, сабзӣ, мураббо ва тушонка  медуздад. Вақте сардори қаровул меравад аз баталион бо сарбозоне,ки барои ин кор ҳамроҳиаш мекунанд, мераванду дуздӣ мекунанд. Яке аз ҷиноятҳое,ки Ҳасан Ашурматов кард ин аст ки гоҳ-гоҳе яке аз сарбозҳо аз телефони вай ба занаш гап мезадааст. Як рӯз зани сарбоз ба ҳамин рақам занг гап зада мехоҳад,ки бо шавҳараш суҳбат кунад. Ашурматов  чи хеле карда бо зани сарбоз гап мезанад ва ӯро тоб медиҳад. Хулас, вохӯрӣ карда ба номуси он зан таҷовуз мекунад. Сарбоз  дарак меёбаду занашро ҷавоб медиҳад. Дар қисми ҳарбӣ девонагӣ мекунад,ки фавран ба қисми ҳарбии дигар интиқол медиҳанд. Дигар щолати он сарбоз чь шуд намедонем.

» Командири ротаи дивизиони тупӣ- артиллерӣ капитан Қаланфуров Хушвақт аст. Вай аз ВМКБ мебошад. Омӯзишгоҳи Суворовро хатм кардааст. Дар вақти хондан қонуншиканӣ мекунад. Ӯро дар ҷойи душвор -дивизиони артиллерии Гвардияи миллӣ кор медиҳанд. Дар инҷо хеле ҷинотяҳо содир мекунад. Сарбозонро бисёр латту кӯб мекунад. Аз сарбозоне, ки сафари хизматӣ ба Блок пост мераванд, сум талаб мекунад ва аз 50 то 100 сомонӣ мегирад. Сарбозон то ки раванду як моҳ дам гиранд, роҳе надоранд ва  ин пулро медиҳанд. Агарчанде  бурдани сарбоз аз ротаи реактивӣ ба блокпост  мумкин нест, аммо мегӯянд, ки касе сум диҳад меравад. Ҳатто сарбозони “молодой”-онҳое,ки шаш моҳ  хизмат накардаанд.»

Ҷиноятхои муовини якуми командири дивизиони артилерӣ майёр Далери Абдуғаффор ,ки бо лақаби капитан  Далер машҳур ҳаст,низ хеле зиёд мебошад. Вай аз авлоди Чоловҳо аст,соли таваллудаш   1990 зодаи Кулоб, ҳамкурси Ҳусейнов Саттор, кафедраи ҳарбиро тамом кардагӣ аст. Соли 2017 як сарбозро  бо номи Азимов аз Чапаеви Колхозобод, ки аз рухсатӣ омада вале ба Далер 20 сомонӣ надод ӯро дар сараш  зада -зада девона кард. Ҳар гоҳе  касалиаш меқапид мебурду  баҷояш мекард,то ки Прокуратураи ҳарбӣ дарак наёбад. Аз ин ҷинояташ ҳама раёсати фармондеҳӣ бо хабар буд вале чашми Далер намепарид. Ҳама вақт мегуфт, ки “ма кулобӣ  ва аз авлоди Чолуфо ҳастам, касе фалони мара хурда наметавонад”

Як сарбози дигар,ки аз Кулоб ва номаш Холов буд ӯро зада девона карда пулашро гирифта ҷавоб доданд. Сарбози дигар бо номи Гулханов зодаи Помир буд, Ҳусейнов Саттор барои онки помириро таҳқир кунад, ӯро маҷбур таҷовуз карданӣ мешавад. Соли  2016 бо фармони Ҳусейнов Саттор Сержанти даъвати 46ум Тоҳирзода  Ҷумъабек Партоевич аз Қабодиён аз дасти ҷабри Саттор Ҳусейнов сузан хурд, қариб мемурд. Азиз сарбози дигар аз дасти зулми Ҳусейнов Саттор ҳамроҳ бо як сарбози даъвати 4,ки марҳалаи демблаш фаро расида буд дар соли 2017 дар вақти    уборкаи территория фирор кард. Як сарбози дигар аз Данғара рафт рухсатӣ рафту аммо то хонаашон нарасид, дигар барнагашт. Номаълум монд,ки ба ӯ чӣ шуд? Як сарбози дигар рафт рухсатӣ вале  рост прокуратураи ҳарбӣ рафта шикоят мекунад. Яке аз методҳои сумкоркунии Ҳусейнов Саттор ин аст ки сарбозонро дар казарма рост мемонад ва соатҳо ҳамин тавр нигоҳ медорад ва сарбозҳо миёндард мешаванд ва маҷбур ба ӯ пул медиҳанд. Онҳо миёндард мешаванд, пояшон шал мешавад,баъд  илтимосу зорӣ карда сум медиҳанд. То сум надиҳӣ ягон майда рухсатӣ намедиҳанд. Фармони президент ҳаст,ки сарбози зандор ҳақ дорад,ки 3 моҳ пас рухсатӣ равад. Вале агар сум надод,3 моҳ он тараф, шаш моҳ гузарад ҳам, рухсатӣ намедиҳанд. Ман худам оиладор шуда баъд аскарӣ рафта будам. 7 моҳ гузашт, то 200 сомонӣ надодам, рухсатӣ надоданд. Рӯирост мегӯянд, ки касе сум дорад меравад касе, ки сум набиёрад, намеравад.

Командири взводи зенитӣ лейтенанти гвардия  Худойбердиеов Муҳиддин зодаи Кулоб аст. Вай ҳар шаб пиён меояд. Навдаъватшудаҳоро аз хобашон мехезонад, издиватсия мекунад. Як рӯзи соли 2017 вақти барфрезӣ барои уборкаи территория бурданд. Лейтенант Худойбердиев Муҳиддин  сардори пости КПП- нуқтаи гузаргоҳӣ буд. Мо, сарбозҳо Ашӯров, Исобоев, Тағойбеков,Абдуллоев Нормат, Холов Раҳимҷон ва чанд нафари дигар рафта будем. Худойбердиев омад ҳоҷатхона ва ба Нормат Абдуллоев (сарбоз аз Суғд) гуфт,апаатро маро медиҳӣ. Нормат узбек буд, тоҷикиро хуб намедонист,чизе  ҷавоб надод. Худойбердив, ки пиён буд аз дасти Нормат гирифт бурд даруни ҳоҷатхона  ва ӯро сахт лату кӯб кард. Баъди тақрибан 20 дақиқа лейтенант Раҷабов Ҷурабек,зодаи Ваҳдат, командири взводи якуми ротаи тупӣ омад ҳоҷатхона ва аҳволро дида пурсид,ки чаро мезанӣ? Худойбердиев гуфт,ки “ин  узбаки ҳаром х..ет кадаст” .Ҷурабек ҳам шарик шуд ва дукаса ба задани ин сарбоз давом доданд. Ин ҳолро зуд ба “замполит”-и ротаи ракетавӣ лейтенанти калон Сайидабронов расониданд. Вай омад гуфт чаро мезанед? Худойбердиев гашту гуфт “ дар даҳани сагмонандат б..м, гумша ии узбакай”.Ӯ ҳам халос накарду рафт.

«Пагоҳи он рӯз аз Прокуратураи ҳарбӣ як капитани муфаттиш омад. Гуфт Нормат Абдуллоевро наздаш биёранд. Ман, ки наряди ҳоҷатхона будам маро фарёд карданд. Ҳасан Ашӯрматов-командири ротааш ба ман гуфт, ки илтимос роли Норматро бозӣ кун. Ман гуфтам гап нест. Гуфт рафтем.Назди муфаттиши Прокуратура. Ман 3 қадам задам ва гуфтам рафиқ  капитани адлия сарбози қатори Абдуллоев Нормат Наимович ба назди шумо ҳозир шуд. Ба ман як лаҳза нигоҳ кард. Гуфт, рафтем қисми махфӣ. Онҷо 3 духтар нишаста буданд. Гуфт билетҳои ҳарбии баталони дивизиони артилериро барор, муқоиса карду фаҳмид. Гуфт худи Нормат Абдуллоевро оваред. Ӯро оварданд. Камтар дертар Худойбердиевро якҷо бо Раҷабов Ҷурабек назди муфаттиш оварданд. То бегоҳ аз Худойбердиев 7 000 доллар гирифтанд ва аз Раҷабов Ҷурабек бошад 35.000 сомонӣ ва ҳардуяшро ба ҷавобгарӣ накашида сар доданд ва онҳо боз ҳамон корашонро давом дода истодаанд.»

«Як шаб соати 4.35 соли 2017 Исобоев Аъзам аз сарбозони даъвати 49ум зодаи вилояти Суғд якум бор ҳамчун навбатдор наряди казарма мешинад. Шаб хобаш мебарад ва Ҳусейнов Саттор меояд соати 4.35 ва ба даст меафтонад. Дастур медиҳад, ки як сатил оби хунук биоред ва  дар сараш мерезад.Мегӯяд,ки “ шумо к…и очаҳо  х…ет кадагиен, бо Тоҳирзода  Амон пушти шуморо мегирад, зани Тоҳирзодара б…м.Хулоса, то саҳар шудан ин сарбозро таҳқиру дашном кард.»

Каримов Гулбаршо аз соли 2015 то 2017  муовини командири дивизиони артиллерия  оиди сиёсат ва корҳои тарбиявӣ буд. Каримов Гулбаршо аз Ҳусенов Саттор талаб мекард, ки ба сарбозон  ҷабр накунад, рухсатӣ равон кунад ва ҳамин тавр аз ҳақи  сарбозон дифоъ мекард. Ин корҳои ӯ ба Ҳусенов Саттор маъқул намешуд. Ҳусенов Саттор  Каримов Гулбаршоро ба воситаи Тӯтиёев Исматулло аз  вазифа барканор кард.

Хубиёев, муовини командири дивизиони артиллерӣ оиди ақибгоҳ,  хурду хурок ва пушока  ва матрас ва простин буд. Ҳусенов Саттор ӯро ҳам аз вазифа барканор кард. Майёр Шоев фарзанди собиқ муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ мебошад.

То омадани ӯ офитсерҳо ҳатто зубной паставу шеткаи дандоншӯии сарбозҳоро гирифта ба хонаҳояшон мебурданд. Ин корро ҳам Ҳусейнов Саттор ва ҳам Далери Абдуғаффор мекарданд. Махсусан Ҳусенов Саттор ва як нафари дигар каптёршики ҳамонвақта Расулов Ҳусенҷон аз Ғончӣ (Деваштичи имруза)

Ҳусенов Саттор аз сарбозоне, ки дембл мешаванд ва аз муҳлати хизматашон 1 солу 8 моҳ мегузарад, шароит доранд ва ё надоранд 100 сомонӣ мегирад

Мегӯяд,ки барои таъмири казарма.Аммо дар 5 сол як бор таъмир мекунад ва он ҳам аз ҳисоби давлат. Сарбозонеро,ки муҳлаташон хатм ва бояд ҷавоб шаванд,баъди нашри фармони президент оид ба эҳтиёт ҷавоб додан Ҳусенов Саттор ба онҳо мегӯяд, ки ҳар касе 300 сомонӣ оварда ҳамон дар навбати аввал ҷавоб мешавад.Ҳамин тавр аз сесад сомонӣ сар мешавад ба хона ҷавоб додани сарбозҳо,ки 2 сол хизмат кардаанд. Вақте ҳама сумдорҳо рафтанду дигар бесумҳо монданд онҳоро ҷамъ карда аз забони командир мегӯяд,ки шуморо бояд полигон барам ва кор фармоям. Аммо ҳар касе 100сомонӣ диҳад “ҷошда” ҷавоб мешавад. Баъди ин охирини охиринҳо мемонанд. Вай мегӯяд, ки хайр якчи барои командир тийен . Пас он сарбозҳо 50 сомонӣ ва ё 30ву 20 сомонӣ медиҳанду ҷавоб мешаванд. Инҷо боз ду ҳолатро зикр мекунам. Барои сарбозҳо вақте дембл мешаванд бояд сарулибоси нав бидиҳанд. Аммо сару либоси навро кадом сарбозе пул медиҳад,350 то 500 сомонӣ барои ӯ медиҳанд. Ҳатто сарбозҳое буданд, ки аз хонаҳояшон барояшон либоси мулкӣ харида фиристоданд, онро пушида ҷавоб шуданд, чунки онҳо ҳам шароит барои хариди сару либоси низомӣ ва ҳам сару либоси мулкиро,ки ҳатман баъди ҷавоб шудан дар хона мепушанд, надоштанд. Чизи дигар ин аст ки барои сарбозҳо давлат вақти ҷавоб шудан роҳкиро пешбинӣ кардааст. Ба ягон сарбоз ин роҳкиро дода намешавад. Мо,сарбозҳо имзо мегузорем,ки он пулро гирифтем. Масалан 200 сомонӣ ва ё 300 сомонӣ ва ё 100сомонӣ. Вобаста ба фосилаи маҳалли зист аз қисми ҳарбии мо,ки дар Душанбе ҷойгир буд.

«Соли 2017 прокуратураи ҳарби алайҳи лейтенант Худойбердиев Муҳиддин ва лейтенант Ҷурабек Раҷабов делои ҷиноятӣ кушод. Инҳо аз блокпости ноҳияи Панҷ нашъа оварда ба сарбозҳо мефурӯхтанд. Ин гапу корро ба мо сарбозони даъвати 45ум ҳикоя карда буданд. Чанд нафар аз сержантҳои онвақтаро барои тақсимоти нашъа дастгир карда муфаттишони Прокуратураи ҳарбӣ ба соҳибони он мебароянд. Аммо бадбахтӣ дар он аст ки чанд сержант-сарбозони фаъол ба ҷойи ин ду нафар чандсолӣ нишастанду ин ду лейтенант пул дода худро халос карданд. Ин сержантҳо Ризоев Наҷибулло,зодаи Кулоб,Аҷиков, зодаи Пушинги Данғара, Шомамадов аз Душанбе, Қарокулов аз Суғд,сержантҳо Сафаралӣ Шарифов,Шарифов Муҳсин аз Суғд, Тоҳирзода Ҷумъабек аз Қабодиён. Атобоев,аз Қурғонтеппа, Исломиддин,аз Суғд, Парвиз Давлатов, аз Вахш, Назиров Валишер аз Кулоб, Акрамов аз Конибодом ва чандин нафари дигар бо шарикӣ ва ё хабар надодан гунаҳкор шуда ба солҳои гуногун ҳукм гирифтанд ва ё пули калон дода халос хурданд.»

Подполковник Мамадалиев Ҳасан собиқ сардори штаби қисми ҳарбии 051 055 буд. Мамадалиев дар назди қисми ҳарбӣ як ошхона барои афсарҳо дорад. Соли 2017 як шаб аз ҳоҷатхона мебаромадам. Дидам, ки як наряди КПП дар пушташ як халта орд омада истодааст. Бемалол КПП -ро гузашт. Ба вай гуфтам, кӣ ба ту фармон дод? Ин халтаи ордро бар ошхона. Гуфт сардори штаб фармон дод ва афзуд,ки маро ёвари навбатдори қисми ҳарбӣ  капитан Ботуралӣ  гуфт рав аз пикарни як халта орд гиру бар. Ман гуфтам навбатдори қисми ҳарбӣ кист? Гуфт майёр Элмуродов Ҳасан. Боз пурсидам,ки  шахси масъул кист? Гуфт подполковник Худойбердиев Парвиз. Рафтам ба суроғи пикарни, дараш маҳкам буд. Баъди ду шата задан дарро Азиз, ҳамон Азизе,ки аз дасти ҷабри Ҳусейнов Саттор фирор карда буд,кушод. Баъд ман гуфтам, ки Азиз мехоҳи имшаб ором хоб кунӣ. Гуфт бале. Ман гуфтам нақл кун халтаи орд куҷо рафт ва бо фармони кӣ? Як лаҳза хомуш шишт ва сипас гуфт халтаи ордро бо фармони подполковник Мамадалиев Ҳасан барои афсарҳо хурок мепазанд. Ман пурсидам,ки боз чиҳо мебаранд? Гуфт картошка, равған, тушонка, капуст, сабзӣ ва чизе бихоҳанд мебаранд. Пурсидам,ки  ин ҳамаро чи хел “списат” мекунанд? Гуфт, ки аз хурокие, ки ба сарбозҳо медиҳем минус мекунем. Баҷои 120 кило картошка 90 киломедиҳем ва дар ҳуҷҷатгузорӣ 120 кг менависем.Ман акнун мефаҳмидам,ки чаро командир ҳар саҳар вақти сафороӣ мегуфт,ки сарбозҳо фарбеҳ шудаанд?

3 рӯз пас ман ба воҳиди навбатдорӣ рафтам. Дар пеши пикарни(нонво) боз пурсидам боз киҳо мебаранд? Гуфт подполковник Мамадалиев,сардори ситод, командири қисми ҳарбӣ ба зани дуюмаш,капитан Ҳусенов Саттор,капитан Далери Абдуғаффор, сардори ситоди дивизияи артилерӣ ва Ашурматов Ҳасан, командири ротаи реактивии  дивизиони артиллерӣ ва муовини командири қисми ҳарбӣ оид ба ақибгоҳ ва хурокворӣ майёр Холбобоев ва подполковник Бобоев, муовини командири қисми ҳарбӣ  оиди аслиҳа, техника ва капитан Наимов, муовини сардори ситод оид ба ҷобаҷогузории ҳайати шахсӣ ва нарядҳои шабонагузорӣ ва майёр Манучеҳр,сардори шуъбаи раёсати разведкаи қисми ҳарбии 051 064 ва подполковник Туев,сардори шуъба раёсати разведкаи  ҳамин қисми ҳарбӣ. Гуфт ба ҷуз аз прапоршик Меҳтаршоев дигар ҳамаашон аз маҳсулоти ғизоии ҳақи сарбозҳо ба хонаҳояшон мебаранд.

Полковник Айниев  Сатторҷон ,сардори раёсати разведкаи Гвардияи миллӣ, зодаи Кулоб, муовини якумаш полковник Назаров,муовини дуввумаш  полковник Муродов муовини сеюмаш,полковник Мирасанов, чорумаш  полковник Ҳасан мебошанд, ки ҳар кадоме  ҳатман аз ҳисоби сарбозҳо ба хонаҳояшон маҳсулоти ғизоӣ мебаранд.

«Дар раёсати разведка сарбози разведкачӣ  як шабонарӯз навбатдор мешинад. Афсарони раёсати разведка ва навбатдор фармон медиҳанд.Навбатдор ба сарбозони навбатчӣ, ки аз қисми ҳарбӣ сафарбар карда мешаванд: “ рав картошка ва сабзӣ, пиёз ва тушонкаро дар як линча андохта биёр”.Сарбоз меравад ва аз амбор меоварад. Офитсер мегирад ва хонааш мебарад.»

Дар қисмҳои ҳарбӣ хонаи махсус барои сарбозони зандор мавҷуд аст. Сарбоз ҳақ дорад, ки дар вақт ва муҳлати муайян барои то се рӯз бо хонумаш онҷо биистад. Аммо Ҳусенов Саттор аз сарбозе,ки бо занаш шабро рӯз мекунад барои ҳар шаб 50 сомонӣ мегирад. Ин корро Далери Абдуғаффор ҳам мекунад. Ҳусейнов Саттор боз аз ин ҳисоб даромади дигар ҳам дорад. Вай масъули тозагӣ ва таъмири дивизияи артиллерӣ мебошад. Барои ҳамин ҳар вақте ин ё он сарбоз ба ӯ гуфт,ки хонумаш омаданист филфавр ба ӯ дастур медиҳад ки ранги фарш ва ё девор ва ё ягон асбоби дигар бо худ оварад. Ин ҷудо аз он 50 сомонӣ,ки барои ҳар шаб мегирад.

«Командири қисми ҳарбии  051 064 подполковник Ҷалилзода зодаи Данғара, хусурбачаи фармондеҳи Гвардияи миллӣ бо сарбозонаш муомилаи  хуб дорад. Вале аз продуктаи ду қисми ҳарбии 051.055 ва 051.064,ки якҷоя хурок мехуранд, бебаркаш маҳсулот мегирад. Дар ошхонаи ин ду қисми низомӣ сарбозонеро ошпаз (повар) мондааст,ки ҳар чизе Ҷалилзода гӯяд,ҳамонро мекунанд. Як сарбози инҷо,ки ошпаз  буд ва номаш Далер асту даъвати 49ум мебошад ҳанӯз вақте,ки молодой буд як “дембл”ро суд мекунад.Барои бачабозӣ.Тақрибан аз тамоми баталонҳо рафта бо Далер бачабозӣ мекарданд. Далер ба онҳо мураббо,тушонка ва икра медоду онҳо шабона дар ҷогаҳи хоб баҷоӣ мехурданд.»

Соли 2018 замполити қисми ҳарбии 051064 зодаи ноҳияи Панҷмуовини командири ҳамин қисми ҳарбӣ ва  ду сарбози даъвати 47 ва 49умро барои кирдори бачабозиашон қапид. Вай пай бурд, ки ин касалӣ дар байни сарбозҳо аз куҷо пайдо шудааст барои ҳамин  муовинро аз кор фавран озод карданд.

Фармондеҳи Гвардияи миллӣ Бобоҷон  Ҷамолзода, бародари собик фармондеҳи Гвардияи миллӣ ва феълан фармондеҳи Нерӯҳои марзбонӣ мебошад. Як рӯз бо подполковник Мирасанов    дар раёсати разведка нишаста  будем. Пурсидамаш,ки сардор  чаро мошинатро нав намекунӣ? Гуфт аз кучо харам зарплатам намерасад ба зиндагиам. Гуфтам ягон даходи дигар надорӣ чӣ? Гуфт,ки агар ман данғарачӣ мешудам соҳиби ҷип мешудам. Пурсидамаш,ки  нисбати фармондеҳ  чӣ медонӣ? Гуфт, ки фармондеҳи Гвардия  сахт қарздор аст. Аз Ёқут-2000 ҳазорон сарулибос гирифта пулашро додагӣ нест. Ҳозир Гвардия чанд миллион сомонӣ қарздор аст. Як вақтҳо  генерал-майор дар масоили сиёсӣ ва тарбия Тоҳирзода  Дилшод  Амон зодаи Данғара мехост фармондеҳ шавад. Ин кор соли 2018 буд. Инро фармондеҳ фаҳмид фавран аз вазифа озодаш кард ва сардори ситоди Қушунҳои сарҳади вилояти Хатлон таъин шуд.

Поёни қисмати аввали номаҳои ирсол шуда ба «Ислоҳ». Бахшҳои дигари онро дар фурсати муносиб тақдими шумо менамоем.Агар пас аз нашри ин матлаб ислоҳ шуданд аз нашрашон сарфиназар менамоем. Аммо дар ҳолати идома ногузирем ҳама ончи омадааст нашр намоем,ки шармандагии бузурге хоҳад шуд.

Ps: Хонандаи гиромӣ чунин номаҳо ба “Ислоҳ” 21 адад расидааст. Чунон ҳолатҳоеро аскарбачаҳое аз хизмати ҳарбӣ баргашта навиштаанд, ки шарм медорем онҳоро расонаӣ кунем. Шарм аз он, ки дуздӣ, зарбу, дашном ҷой худ. Амалҳое бо сарбозон анҷом медиҳанд, ки ҳеҷ душман ба асирҳояшон чунин рафтор намекунад. Амалҳои қавми Лут тақрибан дар ҳама қисмҳои ҳарбӣ вуҷуд дорад. Истифодаи духтарҳои калоншавандаҳо дар амалҳои шаҳвонӣ аз сарбозон дида мешавад.Исми 11 зану духтарони воломақомҳо дар “Ислоҳ” мавҷуд аст.Агар онҳо расонаӣ шавад медонед чӣ валвалае барпо мегардад? Ҳолатҳои ба марг оварда расонидани сарбозон, ба кантузия ва бемориҳои табобатношаванда оварда расонидани сарбозон тақрибан дар ҳама ин номаҳо қарибки дида мешавад. Инчунин бо роҳҳои фиреб дастдарозӣ ба ҳамсарони сарбозон аз тарафи командирони қисмҳои ҳарбӣ ва даҳҳо ҷиноятҳе, ки бо нашри онҳо сипоҳ ва қувваҳои мусаллаҳи кишвар шарманда мешаванду обурӯйи кишвар дар арсаи байналмилал мерезад. Ана акнун фикр кунед,ки бо ин қувваҳои мусаллаҳ мо ватанро оё ҳимоят карда метавонем? Оё ин сарбози ба ин ҳол гирифтор шуда Раҳмонов ва ин ватанро дӯст медоранду барои ин ду ҷони худро фидо мекунанд? Қазоват ба шумо хонандаи гиромӣ!

Сообщение Даҳшат дар қисмҳои ҳарбӣ, вазир аз он огоҳӣ дорад? появились сначала на ISLOH.net.