Архивы Шермуҳаммад Шоҳиён - ISLOH.net

Семейка news№14
Ин нашри маҷаллаи «Семейканюс» ҳам аз кору зиндагии дар паси пардаи Раҳмонов ва аҳли байту домодҳои бешумори вай ривояту ҳикоят мекунад. Ин бор «қаҳрамон»-и ин  шумора Зоир Соҳибов, домоди калонии Раҳмонов мебошад. Дуруст аст ки дар бораи Зоир на як бору ду бор ва на танҳо мо навиштаем. Зоирро ба унвони яке аз бойтарин домодҳои сарватманди Раҳмонов мешиносем, ки даҳҳо ширкату корхонаҳоро ғасбу тасарруф кардааст.

Масалан осоишгоҳҳои машҳуру маъруфу пурдаромади Зумрату Шоҳамбарӣ, бозори калони Қурғонтеппа бо номи Ҳоҷӣ Шариф аз они ӯст. Вай боз тамоми молу маҳсулот, умуман содироту воридоти марзи Чин ва Афғонистонро комилан контрол ва назорат мекунад ва чандин навъи дигари бизнес дорад. Ҳамчунин мо дар мудирияти тиҷорату қочоқи  наркотик, кришавати ҷинояткорон мансабфурӯшӣ дасти тамом доштани Зоир аслан шубҳа надорему дар ин бораҳо ҳам навишта будем.

Аммо ин бор дар шарҳи ҳол ва фаъолияти кории вай боз як маълумоти дигар ба дасти мо расид. Маълум шуд, ки Зоир «серий кардинал» аст. Ва ба таври ғайрирасмӣ аммо амалан Раҳмонов ва хонаводаи вайро контрол мекунад. Метавон ӯро роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Оила-«Семейка» унвон кард. Кореро, ки Озода дар ҳукумат дорад, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент, Зоир дар Оила иҷро мекардааст.

Маҷалларо бо хабарҳои гуногӯн аз «Семейка» шуруъ мекунем:

Ахбори «Семейка»

Баъд аз сарнагунии Башор Асад Раҳмонов чораҳо барои амнияти худ ва махсусан роҳ барои фирор ва воситаҳои фирорашро бисёр ҳам сахт карда истодааст.

Манбаи мувассақ ва муътамад гуфт, ки охраннаи самолёти хусусии Раҳмонов, ҳамон самолёти 92 миллион долларӣ ташдид карда шудааст. Муҳофизати самолётро пурра ба ихтиёри «охранна»-и худаш супоридааст ва аз охирҳои декабри соли гузашта онро телехҳои полний до зубов вооруженнийи худаш посбонӣ карда истодаанд. Вай ба амнияти фурудгоҳ бовар накарда онҳоро аз муҳофизати ин ҳавопаймо дур карда будааст. Вақте ба назорат ва муҳофизати амнияти фурудгоҳ буд, охранникҳо мусаллаҳ набуданд. Аммо ҳоло пурра вооруженниянд. Руву сари онҳо пушида аст. Ба онҳо на Исмати дулик, сардори фурудгоҳи байналмилалии Душанбе наздик шуда метавонад, на каси дигар. Дар таги самолёт то дандон мусаллаҳанд.

Албатта, ҳавопаймоҳои Боинги «Сомонайр» ҳам аз они худашон аст. Вале ин ҳавопаймо шахсии худи Раҳмонов аст. Ин самолетро барои сафарҳои хориҷиаш истифода мекунад. Барои сафарҳои дохилиаш самолетҳои Сомонайрро истифода мебарад. Агар Хуҷанд равад скамейкаҳои Боинги «Сомонайр»-ро перекидка мекунанд, яъне салони онро переделка мекунанд, то бо ишкамбаи калони вай мишат накунаду орому бо ҳузур чанд дақиқа парвоз кунад.

Семейкаро «Истеъфо Раҳмонов» девона кардааст

Вақте хабарҳову наворҳо дар бораи пайдо шудани навиштаҷоти «Истеъфо Раҳмонов» дар навоҳии мухталифи кишвар дар «Минбари муҳоҷир» садо дод, талхаашон кафид. Тамоман калофа ва даступохурда шуданд. Ин навиштаҷотҳоро кори муборизони Наҳзат медонанд.

Он шабурӯзҳо дар тамоми қаламрави кишвар барои воҳидҳои низомӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ- зиндонҳо ва СИЗОҳо ҳолати казармавӣ-казарменний положенийи 70% эълон карданд. Баъди ҳодисаи ба ном ошуби зиндони Ваҳдат казарменний положенний 100% ҷорӣ карда шуд.

Як манбаъ гуфт, ки мебоист ин ошуби дастисохт баъди ба зиндонҳо этап кардани фигурантҳои парвандаи табаддулот Акбаршо Искандарову Ҳамрохон Зарифиву Шокирҷон Ҳакимов ва дигарон ташкил карда мешуд. Аммо барои ин фурсати зиёд лозим буд, бояд интизор мешуданд вале вақт надоштанд.

Раҳмонов дар ҳақиқат вақтҳои ахир сахт дар тарсу ҳарос афтодааст, ки ояндаи ҳукуматаш чӣ мешуда бошад. Вай нақша дорад, ки шумори нерӯҳои Чинро, ки дар қаламрави Бадахшон ҷойгир карда аст зиёд кунад. Аммо Русия ба ин шадидан мухолифат кардааст. Чунки гуё дар ҳодисаи Крокус он нафароне, ки дар зиндони Ваҳдат кушта шудаанд, шарик будаанд. Русия гуё мушаххас кардааст, ки дар телефони чанде аз боздоштшудаҳои ҳодисаи Крокус рақамҳое аз Тоҷикистон мавҷуданд ва ин рақамҳоро пайгирӣ ва радёбӣ карда фаҳмидаанд, ки зангҳо аз дохили зиндони Ваҳдат рафта будааст.

Рости гап, мо ин хабарро на тасдиқ мекунем ва на рад. Аммо манбаъи «Ислоҳ» гуфт, ки ҳануз вақте муфаттишон аз Русия барои таҳқиқу тафтиш ва саволу ҷавоб ба Душанбе омада буданд, қасд доштанд, ки бо он нафарони дар зиндони Ваҳдат кушташуда суҳбат намоянд. Вале мақомоти тоҷик розӣ нашуда буданд.

Интихобот ва ҳаросафкании Семейка

Тибқи баъзе аз маълумотҳо қасд доранд, ки пеш аз интихобот ягон «кор» бикунанд, то мардумро дар тарсу таҳлука оваранд. Мақсад-мардум ба натиҷаҳои интихобот аҳамият надиҳад. Ва, тавре ҷилва диҳанд, ки ин кори душманони давлат ва Раҳмонов аст. Гуё Раҳмонов инро намедонаду бехабар аст. Аммо амру фармонро Раҳмонов шахсан худаш медиҳад. Ва, боз шуру ғавғо мебардоранду туҳмат мезананд, ки ана боз кори дасти Ҳизби Наҳзат аст. Муайян нест, ки дар куҷо бояд анҷом дода шавад. Баъзеҳо мегуянд дар Душанбе, баъзеҳои дигар ба ин назаранд, ки дар минтақаи Рашт,боз мегуянд, ки шояд дар чанд ҷой шавад, ки мардумро врасплох монанд.

Барои ҳамин бояд мардум аз хонаҳояшон набароянд ва овоздиҳӣ ба интихобот наравад. Наравед, ки ҷонатон дар хатар аст.

Интихобот ва фишор болои ғармиҳо

Бинобар маълумотҳои фиристодаи манобеъи «Ислоҳ» аз чанд вақт ба ин су ҳатто шабу нимшаб ба хонаҳои мардуми ғармӣ даромада таҳдид ва огоҳ карда истодаанд, ки боз ягон кор накунед. Хапу дам раведу овоз диҳеду омада дар хонаҳоятон шинед. Ин корро, ба назар мерасад махсус карда истодаанд ва мардумро спровотсироват карда исодаанд. Худашон таҳрик дода истодаанд. Дар ҳоле, ки на свет ҳасту на рушноӣ, торик ҳамаҷоро фаро мегирад, ҳатто телефонҳо успети зарядгирӣ намекунанд, беогоҳи, соати ҳафт аст, даҳ аст, 12 ё ҳатто дуи шаб аст ба хонаҳои мардум зада медароянд. Яке дарвозаҳо тақтақ карда ба зур кушода вориди хонаҳо мешаванд. Ҳатто хонаи хоби бачаҳову духтарҳои болиғашон медароянд, оғилҳоро мекованд. Дар масҷиду мактабҳо даромада истодаанд. Мардум аз тарс ба онҳо пул медиҳанд. Ин қишри тоҷиру савдогарҳо, маслан магазинчӣ, гуштфурӯш худашон хапу дам, сарҳо хам пул бурда дода истодаанд.

Ҳозир барои як коргари одии мақомот шудан дар Рашт нарх баланд шудааст, чунки ҷойи сумкоркунӣ шудааст.

Як нафар шабакӣ барои хабаргирии молҳояш ба оғилаш медарояд ва барои пеши роҳашро рушан кардан фонарики телефони дасташро рушан мекунад. Онҷо чанд нафар аз ин мақомот дар гашту гузор будаанд.

Ӯро қапида таҳдидаш мекунанд, ки ту ин вақти шаб чаро оғил медароӣ ва телефони дастиашро гирифта мегуянд, ки пагоҳ омада аз шуъба мегирӣ: «мо телефонатро хабар мегирм. Ту бо мухолифин алоқа дорӣ ё не». Вай аз тарс ба бағоҷи мошини онҳо як сар буз ва як сар гусфанд бор карда телефонашро аз дасташон пас мегирад.

Ашраф Гулов дар Дубай тиҷорати шаробро шурӯъ кардааст

Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар ИМА-Дубай ва шавҳари Парвина Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмонов, молики ширкати фарматсевтии «Сифат-фарма» дар Дубай ба ташкили фурӯши кристалл ва шаробро шуруъ кардааст. Маълум нест, ки дар ин тиҷорати вай аз Оила боз киҳо шариканд. Вале баъд аз онки Ашраф сафир таъин шуд тавлиди метамфитамин, амфитамин, дар корхонаи «Сифат-фарма» чандин маротиба зиёд шудааст.

Ашраф бо баҳонаи онки обҳову нушобаҳои тоҷикӣ, махсусан «Сиёма»-ро ба Дубай мебарад шумори парвозҳои чартериашро ба маротиб зиёд кардааст. Манбаъи Ислоҳ афзӯд Ашраф чанд симкартаҳои гаронро дар Дубай алакай харидори намудааст. Дар ИМА фурӯши шароб ошкоро мамнӯъ аст ва барои фурӯши шароб ва кристал симкартаҳое ҳастанд,ки аз пеш дар фурӯши шароб миёни муштариҳо маъруфанд онҳоро муштариҳо медонанду супориш мекунанд харидорӣ намудааст. Ба гуфтаи манбаъ як симкарта то як млн доллар боло ва атрофи ин қимат дорад. Чунин симкартаҳо чанд адад харидорӣ намудааст. Манбаъ афзӯд ҳастанд симкартаҳое,ки 200 ҳазор арзиш доранд ва ҳарчи қадар қиматаш боло бошад симкартаро ҳамон қадар муштарӣ дорад. Муҳим Ашраф пас аз сафир таъин шуданаш ин сетро алакай роҳбарӣ мекунад. Дар гузашта тоҷикон ва қафқозитабороне будаанд ин корро анҷом медодаанд ва ҳоло ҳам ҳастанд вале Ашраф сети муназзамеро ташкил намудааст. Манбаъи мо исми Садбарг Ғаниеваро ёдовар шуд ва гуфт: «Бева бо Ашраф худша часпонду чи коре бо ӯ ҳам ташкил кардааст» Садбарг Ғаниева пас аз фирор аз кишвар бо миёнҷигарии Озода Раҳмон феълан корманди Сафорати Тоҷикистон дар ИМА аст вале аслан ба сафорат намерафтааст ва ҳама вақт дар Дубай будааст ва ба пойтахт Абузаби тамоман намерафтааст. Кораш истироҳат ва ….

Ҷамолиддини шавҳари Фиона чи ҳол дорад?

Ҷамолиддин Нуралиев, шавҳари Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Президенти Тоҷикистонро дар пушти хонаи Рамазон Раҳимзода, ки як толори варзишӣ ҷой гирифтааст, дидаанд. Мегуянд, ки сахт лоғар шудаст. Дар иҳотаи се нафар будааст. Гуё онҳо охранааш ҳастанд, аммо дар асл онҳо дар вазифаи наблюдений ва контроли ҳар як қадами Ҷамолиддин машғул ва маъмур карда шуда будаанд.

Ҷамолиддин, чи гуноҳе  содир кард, ки Раҳмонов ӯро аз назди худ ва ҳукуматаш дур андохт. Дар ҳоле, ки вай ҷонишини якуми раиси Бонки миллӣ буд ва ҳама суратҳисобҳои оффшории Раҳмоновро назорат мекард. Мегуянд, ки ҳоло Озода ӯро на три букви посилат кардааст ва ҳамроҳаш зиндагӣ намекунад.

Раиси Суди Олӣ,ки сармаҳкумкунандаи Семейка буд чи ҳол дорад?

Бинобар хабарҳое, ки ба дасти «Ислоҳ» расидааст, баъд аз онки Шермуҳаммади Шоҳиёнро аз вазифаи раиси Суди Олии Тоҷикистон гирифтанд, дар худи пагоҳаш баччашро бо партияи калони героин қапиданд. Ин манбаъ гуфт, ки ин миқдори бузурги героини Шоҳиён дар оғили аспҳои Шоҳиён баҷо карда шуда будааст.

Ҳозир Шоҳиён дар руихати ҳизбӣ барои интихоботи Маҷлиси Намояндагон аз ҲХДТ пешниҳод шудааст ва гапгап аст ки ҷонишини аввали раиси Маҷлиси намояндагон мешавад.

Ҳамарӯза вохуриҳо бо гуруҳҳои Авангарду дигару дигар баргузор намуда истодаанд, то дар барои дар байни мардум гардану гуш кунанд, ки ку чӣ мегуяд, кӣ оиди митингу инқилоб гап мезанад. 14 феврал дар ноҳияи Рудакӣ ҷамъомад буд бо Авангард. Масъалаи асосӣ ҳам ҳамин буд, ки ҷилави ҳар гуна овозаҳо гирифта шавад ва ба мардум фаҳмонида шавад, ки ба гапу ҳарфҳои мухолифон гуш надиҳанд ва бо мухолифон ҳамкорӣ карда ҳаёти худро дар паси панҷара нагузаронанд. Аз сармаҳкумкунандаи режиму оила ҳам барканораш кардаанд вале боз ҳам бояд лесиданро ба шакли бояду шояд анҷом диҳад.

Раҳмонов ва фармонҳои қатли ашхоси маъруфу зиёӣ

Вақте мурофиаи додгоҳии Хуҷа-командир, яке аз хунхортарин фармондеҳони Фронти халқӣ дар додгоҳ идома дошт, Хуҷа-командир дар мавриди ҳодисаи куштори ду депутати Шурои олӣ Саидшо Саидов дар соли 1993 ва Тағай Шукуров дар соли 1997 посух медиҳад,ки ин депутатҳоро бо фармони Абдумаҷид Достиев паронида куштааст. Достиев ба Хуҷа аз номи Эмомалӣ Раҳмонов фармон дода будааст, ки Саидшо Саидовро чи хеле набошад, убират кунад.

Як корманди додситонӣ, ки дар тафтишоти парвандаи Хуҷа-командир иштирок карда будааст, ба як рафиқаш мегуяд, ки Хуҷа бисёр сирҳоро фош кард. Аммо парвандаи ӯро тавре навиштанд, ки он ифшокориҳои Хуҷа-командир зикр нашуданд. Бисёре аз шахсиятҳоро, ки он замон кушта шуда будаанд, бо дастури бевоситаи Эмомалӣ Раҳмонов карда будаанд. Аз ҷумла қатли Моёншо Назаршоев, Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов ва Юсуфхон Исҳоқӣ ҳам бо супориши Эмомалӣ Раҳмонов сурат гирифта будааст. Барои ҳамин як сабаби аз хориҷа овардани Хуҷа –командир ҳам ҳамин будааст, ки аз ин сиру пиёзи Раҳмонов огоҳ буд ва Раҳмонов метарсид, ки боз мабодо Хуҷа ин ҳамаро ба мухолифон фош насозад. Беҳтар аст ки ин сирру асрорро дар зиндон бо худ ба гур барад.

Зоир( Маҳмадзоир Соҳибов), серий кардинал ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Оила

Чуноне дар муқаддимаи маҷалла гуфтем «герой»-ин шумора, персонажи асосӣ Зоир Соҳибов, мулаққаб ба Зоири ҷайра ва Зоири мундуқ, домоди калонии Раҳмонов мебошад.

Зоир ҳамаро аз Тоҷиддин-командир сар карда то Бег Сабур, Диловари фархорӣ, Юсуф Раҳмон, Боим ва дигарҳое, ки дар тиҷорати наркотик дар Тоҷикистон ҳамаро контрол мекунад.

Агарчи ин тарафи фаъолияти Зоир аз назарҳо пинҳон мондааст, вале ин  Зоири домоди Ҷаноб на фақат Бег Сабур дигар раису вазирони ҳукумати Раҳмоновро, бовар кунед, ки любойяшро бе ягон эҳтиром «б..м,б…ом» мекунад. Барои вай фарқ надорад. СС.Ятимов, Р.Раҳимзода, Юсуф Раҳмон. Вай «серий кардинал» аст. Чунки бо Азизмои хуштоманаш бисёр наздик аст. Ҳама ҳукуматро рулит карда истодааст.

Аммо дар вақташ як бомж буд. Як Нексияи шикоф дошт. Кудакҳои Раҳмоновро ҷамъ карда морожнийхурӣ мебурд. Аз Амонулло Ҳукумумов, ки раиси корхонаи Нафтрасон буд меомад 300-500 доллар морожнийпуливу бензинпулӣ мегирифт ва аз лаби ҳамон боз барои худаш кор мекард. Шабурӯз дар хонаи Раҳмонов буд.

Кӣ чи кор мекунад, ки кӣ аст, чи дорад, в курсе шуд. Чунки Раҳмонов дар хона ҳамеша мезад, пиён мешуд. Зоир бо дастур ва машварати Азизмо як навъ телехи ғайрирасмӣ, қилкашаки Раҳмонов шуд ва ҳама кору ҳама чизро дар дасташ гирифт. Вақте дигар маст мешуд ва худашро контрол карда наметавонист, Зоир ягон баҳона карда раисро меовард то спалний ва ба ихтиёри Азизмо месупорид ва Зоир баргашта меомаду меҳмонҳо-рақибони собутилнки Раҳмоновро гусел мекард ва нишон медод, ки одами асосӣ аст ва ин дӯстону рафиқони собутилник аз нақш ва ҷойгоҳи Зоир дар даруни оила боз ба дигарҳо мегуфтанд ва ҳамин тариқа Зоир ба фигураи муҳимми пасипарда бадал шуд.

Дар ҳақиқат ин мундуқ шабуруз дар хонаи Раҳмонов буд. Раҳмонов доим пиён буд. Зоир меомаду ҳамаи гапҳоро гуш мекард. Ин ҳолат дар дарозои 10 -15 сол шудааст ва ҳоло ҳам давом дорад ва вақте Зоир нест. Исмоили баччааш Пингвин ӯро заменит мекунад ва гуё набераи любимчики Раҳмонов аст.

Аз чандин сол аст, ки кони тиллои Шугнов покиза барои Зоир кор мекунад. Ба ягон одам ва ягон ниҳод ҳисобот намесупорад. Миллион, миллион ба давлат, миллат ва ҳукумат зарар оварда истодааст. Онҷо аз обу аз санг пур шудагӣ аст. Ба қарибӣ ними Кулобро об мебарад.

Эргаш Маҳмадбеков, муовини Исмоили пингвин дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон  яке аз шарикони асосии «сбит»—и наркотики Зоир мебошад

Зоир як ҷангали калонро дар Екатеринбурги Русия харидааст ва он ҷангал дар дасти ҳамин Эргаш Маҳмадбеков аст. Зоҳиран Зоир аз онҷо тахтаву чуб ба Тоҷикистон меорад. Аммо шогирдонаш кору борашро пеш бурда истодаанд.

Бинобар маълумотҳои таъйидношуда айни замон Диловари фархорӣ аз тарафи мақомоти Тоҷикистон, вазорати дохилӣ ихтор гирифтааст, ки таҳти пайгард қарор мегирад. Гап дар бораи он меравад, ки наздики 240 килло ҳероини «999»-и тавлиди Афғонистон, ки аз они Зоир мебошад тавассути Бег Сабур ба Санкт -Петербург расонида шудааст. Аммо баъд аз онки Бег Сабур аз мақом сабукдуш шуд, пардохти пули он «проблема» шуда истодааст.

Зоир Бег Сабур ва Рамазон Раҳимзодаро даъват карда «счетчик» подключат карда аст. Бег Сабурро гуфтааст, ки агар барнаградонӣ зинда намемонӣ.

Бег Сабур гуфтааст, ки маҷбур аст бачаҳо аз Сонтсевкий группаро ба сари Диловар равон кардааст. Диловар ваъда  кардааст, ки маблағро мефиристад. Аммо боз ба каналҳои худаш ба Зоир расонидааст, ки пули борро Бег Сабур барвақт гирифта ва ба як генерали рус, ки вай ҳам дар Солнтсевский группа ҳамкорӣ мекунад, додааст.

Хулоса байнашон ҳоло сахт кашокаш рафта истодааст.

Пушида нест, ки тиҷорати наркотик, маводҳои психотропӣ яке аз манбаъҳои муҳим ва миллионии даромади Оила аст. Бесабаб нест, ки чанд рӯзи пеш намояндаи вазорати дохилаи Иморати исломии Афғонистон, бидуни онки аз кадом кишваре тазаккур кунад, гуфт, ки маводҳои синтетикии нашъавор аз кишварҳои ҳамсояи мо вориди Афғонистон мешавад. Ин ишора пеш аз ҳама ба Тоҷикистон дахл дорад.

Мо дар яке аз барномаҳои қаблии худ аз он гуфта будем, ки ширкати фарматсевии «Сифат-фарма», ки ба Парвинаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов, ки зани Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Иморати муттаҳидаи Араб мебошад ба истеҳсол ва тавзеъи ҳабҳои наркотикӣ машғул аст. Худи Ашраф Гулов ҳам вақти дар Туркия сафир буданаш доруҳои наркотикӣ, аз қабили кристалл ба Тоҷикистон медаровард. Талош мекунем, ки дар шумораи ояндаи «Семейканюс» дар бораи «Сифат-фарма» матлаби алоҳида пешниҳод намоем.

Пештар мақомдорон ё нафарони сумдор, сум медоданд нафаронеро, ки дар тиҷорати наркотик машғуланд ва фоизҳои хуб мегирифтанд.

Аз замоне, ки Зоир дар ин тиҷорат даст зад, сари зиёд нафарони «куҳнакор» дар ин тиҷоратро хурду зиндон кард. Эмом Хуяку Искандари бародари ӯ  ва боз чандеи дигарро Зоир «за бортом» кард. Қиссаи чи тавр Обиди баччаи Эмом Хуяк ва худи Эмом Хуякро Зоир чи тавр чингирк мондро гуфта будем. 25 кило героини навъи «ходовой»-и Эмомхуякро тавонист дар Русия кидат кунад. Аз тарафи дигар Зоир қариб, ки ҳама нафарони савдои калони наркотик-«катазан»-ҳоро тавонист ба худ часпонаду таҳти контрол гирад.

Боим, нафаре, ки замони тағиротҳои калон дар зиндон буд, аз тартиботҳои нав дар олами наркотик бехабар монд. Вақте Боим дар ин тиҷорат «асса» шуда буд, ҳоло Зоир касе набуд. Бо ин вуҷуд Боим замоне, ки дар Русия адои ҷазо мекард, аз дохили зиндон каналҳои савдои калони наркотикро контрол мекард. Баъди аз зиндони Русия баромадан Зоир чандин бор ба воситаи одамҳояш бо Боим ба алоқа баромаданӣ шуд. Чандин бор пешниҳод кард, ки биё бо ман кор кун. Боим, ки дар ин тиҷорат ветеран буд, Зоирро қабул накард. Зоирро ин сахт асабӣ кард.

Боимро дар Русия дастгир карда буданд ва адои ҷазо ҳам он ҷо кард.

Зоир яке аз сагҳои вафодори худаш-Ҷеки Чан-Раҳим Рамазонро гуфт, ки чи коре мекунӣ намекунӣ Боимро якнима мекунӣ.

Чаро Боимро дар Точикистон дастгир накарданд? Чаро барои ҷиноятҳо дар Русия   боз мақомоти Тоҷикистон Боимро дастгир карданд? Ҳол онки метавонистанд ҳамон вакт дастгираш кунанд.

Мо хуб медонем,ки спонсорҳои Боим мансабдорони калон буданд ва ӯро пуштибонӣ мекарданд. Боим чандин маротиба ба наздикони Раҳмонов ҳамон солҳо мошинҳои қиммат туҳфа карда буд. Ҳамон шабу рӯзе, ки Боимро дар Русия дастгир карданд, як барбар мансабдорон дар Тоҷикистон дилкасал шуданд. Боим мардӣ карду нафурухт. Аммо Боим ба номардии инҳо бовар надошт.

Боим баъд аз озод шуданаш ба хориҷа рафт. Тибқи як маълумот Юсуф Раҳмон дар Дубай бо Боим вохурӣ намуда буд. Шояд, Юсуф Раҳмон мехост пешниҳоди ҳамкорӣ бо Боим кунад. Чун ӯ хабар дошт, ки Боим Зоирро на три буквы посилат карда буд ва худи Юсуф Раҳмон ҳам Зоирро бад медид. Юсуф Раҳмон ҳам дар тиҷорати наркотик хуб «қадам»-ҳо мондааст. Аммо манбаъи дигар вохурии Юсуф Раҳмонро бо Боим дар Туркия гуфтанд, на Дубай. Муҳим ин вохурӣ сурат гирифта буд.

Тибқи маълумоти дигари расида ба Ислоҳ Боимро маҳз бо талаби Зоир аз Туркия ба Тоҷикистон истирдод карданд. Дар ҳоле Боим бо шиносномаи Қирғизӣ қарор дошт дар туркия, на бо шиносномаи Тоҷикӣ. Аммо Боим чандин мақомдори баландпояи Тоҷикро дар миёнаравӣ кидат карда будааст. Гуйё чандин адад мошинҳо дар Русия гирифта будааст,ки пулашро медиҳам ва Боимро кидат карданд ва дигар натавониста пулро баргардонад. Ин мошинҳо аз Зоир будаанд ва ин боздошт ба ин қазия бармегардад. Қазияи Боим хеле пур хаму печ аст ва дар бойгонии Ислоҳ беш аз 20 сафҳа маълумот вуҷуд дорад,ки онро дар шакли алоҳида тақдим менамоем.

Чанд рӯз пеш, Прокурори нақлиёт дар як ҷо дар омади гап гуфтааст, ки «ҳами рейси Дубай мешид, ғамам мегирифт. Мерафтм то париданша назорат мекадам. Хайрият и мардаки хуба гирифтан, камтар сабук шидем». Прокурори нақлиёт мардаки хуб гуфта Юсуф Раҳмонро дар назар дошт, ки контроли содироти наркотики ӯро то паридани самолёт дар даст дошт, токи бекамбудӣ равад.

Аз вохурии Юсуф Раҳмон бо Боим Зоир огоҳ шуда буд ва Ҷеки Чан –Рамазон Раҳимзодаро сахт ҷиқид, ки Боимро биёрад: «Любой ценой биёрша». Зоир ба мақсадаш расид, Боимро дастгир карданд ва оварданд. Айни замон тамоми схема ва системаи тиҷорати наркотикро дар Дубай ва Туркия Зоир таҳти контроли худ кардааст.

Боим ҳозир зиёд нишондодҳо дода истодааст. Аз як лаб фурӯхта истодааст.

Юсуф Раҳмон ба дараҷе мурда будааст, ки то рӯзи сеюми феврал, то рузи рафтанаш полний вазифаҳоро фурухтааст. Имзо кардаву фармон бароварда «ира да иҷаву ура да уҷа» мондааст. Чунки вай медонист,ки меравад.Хелеҳоро карда иваз карда ҷойҳои руғаниву сумдорро фурӯхтааст.

Дар вақташ Шерхон Салимзода ҳам ҳамин хел карда буд. Аммо Юсуф Раҳмон омадан замон резко ҳамаи фармонҳои Шерхон Салимро бекор кард. Вай одамони худашро, албатта, пулҳои калон гирифта оварда монд. Бисёр дарундори кинагир аст. Аммо Ҳабибулло Воҳидзода ба ин андоза нафси бад надоштааст. Вай ин корро накард. Феълан накард, шояд як каме баъдтар кунад.

Юсуф Раҳмон бошад пулҳоро гирифт, ҷамъ кард ва баъд рафт. Ҳатто задним числом имзо кардааст. Барои мисол прокурорҳои Турсунзода, Ваҳдат, Норак. «Доля»-и вазнин гирифту монд.

Аммо новобаста аз ин ҳолат фармон шудааст, ки ҳаҷму миқдор дороиҳо, аниқтараш дуздиҳои Юсуф Раҳмонро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам берун аз он муайян кунанд. Ба назар мерасад сарнавишти Ёрмаҳмад Гулов, қудои пешини Эмомалӣ Раҳмонов, падаршавҳари собиқи Тахминаи Клеопатра ба сари Юсуф Раҳмон омаданӣ аст.

Манбаъи ин хабар сардори раёсати тафтишоти КДАМ дар шаҳри Душанбе аст. Чанд рӯз пеш дар як ҷо ба чанд нафар нишаста будааст, ҳамон ин гапро гуфтааст. Гуфта мешавад баъзе аз сардорони раёсатҳои Прокуратураи Генералӣ тайёранд, ки нисбати Юсуф Раҳмон нишондод диҳанд. Онҳо сахт хафаанд, ки Юсуф Раҳмон сумҳои калонашонро гирифта кидаташон кард. Дар туи арусии Сафар баччаи Юсуф Раҳмон ва Фарзонаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов расходҳои зиёд карда буданд, аммо ягон фоида нашуд. Чунки Юсуф Раҳмонов он вазифаҳоро ба нафарони дигар фурӯхтааст.

СС.Ятимов гуфтааст, ки Юсуф Раҳмон переборшит карда буд, ба сазои аъмолаш расид. Юсуф Раҳмон баъд аз онки қудои Ҷаноб шуд дар дилхоҳ кор даст зад. Мақомдорони баландпояи ҳатто наздик ба СС.Ятимовро аз КДАМ оварда таҳти пурсиш қарор дод. Акнун бошад боз КДАМ гапзани асосӣ  шуд.

Бинобар баъзе маълумотҳо КДАМ-СС.Ятимов сахт кор кард барои аз вазифа гирифтани Юсуф Раҳмон. Юсуф Раҳмонро барои утечка ва қапонидани «борҳо»-и зиёди Зоир сиёҳ карданд. Албатта борҳо на танҳо аз Зоир буд, аз «Семейка» буд ва ҳар касе, ки ба кисса ва кассаи Раҳмонов назар мекунад, оқибаташ мушаххас аст.

Раҳмонов ҳама вақт дар интихоби кадрҳо хулосаи КДАМро гуш мекунад. Аз чи бошад, ки КДАМ аз чанд номзад ба унвони Прокурори Генералӣ Воҳидзодаро тавсия дод.

Воҳидзода кадри Бобоҷон Бобохонов, собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон ва аз хешовандони Маҳмадсаид Убайдуллоев  ва рафиқи хуби Юсуф Раҳмону фархорӣ ҳам мебошад. Вале барои вай вазифаи сахт мондааст. Фармони махсус дода шудааст, ки баъди «тенҷ» гузаштани интихобот, Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва боз чанд тани дигар бояд ҳатман «безарар» гардонида шаванд. Чи имконияте бошад бояд истифода бурда шавад.

Сообщение Семейка news№14 появились сначала на ISLOH.net.

Семейка news №12
Нашри ниҳоии маҷаллаи «Семейканюс» дар соли 2024 аст. Дар 12 моҳ 12 шумора нашр кардем. Бурду бохти маҷалларо беҳтар аст худи шумо баҳо бидиҳед. Аз онки аз шумора то шумора бинандаҳои бештар касб кард, метавонем бигуем,ки заҳматҳои мо барҳадар нарафтааст.

Ростӣ, ваъда дода наметавонем,ки барои соли оянда ҳам «Семейканюс» нашру пахш шавад, агарчи тамоми талошамонро хоҳем кард, то аз по науфтад, идома пайдо кунад. Аммо, чи ҷойи пинҳон кардан? Ба масоили мавриди назари барнома бо мушкил дастрасӣ пайдо мекунем. Тангдастӣ низ таъсири нохуби худро руи корҳои мо гузошта истодааст.

Инҷо, қабл аз шуруъи барнома лозим донистам, ки як-ду ҷумла бигуям, ки ба барномаи пешина ва баҳсҳои бархоста перомуни он дахл дорад.

Як нафари ба ҳама маълум аз мухолифини мухолифин маъракае бар зидди мо роҳандозӣ кард, ки «рӯзаки сиёҳ» буд. Мо аз Азизмои газетхонак гуфта будем, ки чи тавр дар роҳи Данғара бероҳа гардида дар истироҳат машғул шуд. Наздик ба 20 сол ин ҳодиса дар даруни нафаре, ки медонист хобидаву консерватсия шуда буд. Аммо яке дар як ҷойе гуфт ва дар ниҳоят пеши мо ҳам омад. Пеши мо омад, то ки ба ҳамагон расонида бишавад. Аммо ин як нафари ба ҳама маълум хесту дар нақши вакили дифоъ, адвокат ва сафедкунанда баромада аз Азизмои газетхонак пуштибонӣ кард. Рӯзаки сиёҳ. Вале агар ҳарфе ба он нақли шунавидаам изофа карда бошам, ҳарчизе мегуӣ бигу. Ончи гуфтанд навишта ва нашр кардам. Имкон надорад, ки дар ин масъала адвокати хуб буд. Чунки аз қиссаҳои муошиқати Азизмо хеле зиёд дар дастамон аст. ….

Хуб, ҳоло биёему бубинем, ки ин бор чи матлабу хабару маълумот аз ин семейка –Оилаи аз як кашар, аз як фермаи калон калонтари Раҳмонов зери даст дорем.

Як нафар аз муаллифони ҳамешагии мо баъд аз дуруду паём ба банда ва кулли муборизин ин навиштаро фиристодааст ва мо ҳам нахостем ба он тағйире ворид бишавад:

«И авлоди гышнаи гышнапышти гадо аҳ сер намешаван. Ширкати «Фароз» (аз они Шамсулло Соҳибов, домоди Раҳмонов, шавҳари Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир) заминҳои зиёдеро дар навоҳии вилояти Хатлон, минтақаи Қурғантеппа, яъне ноҳияҳои Ҷомӣ, Балхӣ ва дигар ноҳияҳо гирифта истодааст. Баъзе аз раисони ноҳияҳо ба Фароз замин надода истодаанд. Барои онки дигар нест заминҳои холӣ. Заминҳоро ба мардум барои деҳқонӣ додаанд, ки зиндагиашонро хуб кунанд. Фароз бошад ҷықидестай, ки ай мардум гирен тиен. Ҳатто қасами раисони ноҳияҳоро хурдааст Фароз, ки ай кор мегиремтону делатон мекнем гуфта. Аҷоиб. Бовар кнен устод ин Раҳмона Президентишам намондай. Кадомеша, ки фора ба сари мансабдорора зурӣ мекнан. Угрожат мекнан. Намедонан чи хел кор кнан раисону вазирон».

Фароз, ширкати ғулосое аст ки на фақат мо, дигарҳо низ борҳо дар бораи он навиштаанд. Ин ширкат аз они Шамсулло Соҳибов ва Рухшонаи Эмомалӣ, духтари Раҳмонов ва сафири Тоҷикистон дар Бритониёи кабир аст.

Чанд сол мешавад, ки Шамсулло тамоми системаи пулгузаронӣ дар кишварро ба дасти худ гирифтааст. Фармон баромад, ки аз август (соли 2022)пардохтҳо ғайринақдӣ амалӣ карда шавад. Шамсулло як қиёмат дастгоҳҳои пулгузаронӣ -апаратҳо харида овард. Ва аз номи Фароз гирифта %-и худашро монд. Он апаратҳоро якҷо бо Амонатбонк (пули бюҷет) харида  ҷобаҷо гузорӣ ё установит карданд.

Пули налог, свет, маош, лаборатория, тонировка дар ҳама Тоҷикистон дар як филиали Амонатбонк дар микрорайони 33 супорида мешуд. Аммо ин филиал дигар кор намекард ба ҷуз аз қабули пули тонировкаи мошинҳо. Раиси ин филиали Амонатбонк Нахшов Файзиддин буд, ки ду соли пеш мурд. Ҳозир боз кадом одами Соҳибовҳоро дар ҷои вай монданд.

Пули тонировкаи мошинҳо яклухт ба Таҳминаи Клеопатра ё Рустами герчик меравад. Ин гапҳо, ки ба пули тонировка ба ҳисоби сохтмони Роғун меравад дуруғ аст. Як иҷозат барои тонировка 500 доллар мебошад. Агар ин пул ба буҷа ва ба ҳисоби Роғун мерафт любой точкаи Амонатбонки амалкунанда дар ҳудуди кишвар  бояд мегирифт. Аммо пули тонировкаро фақат дар филиали микрорайони 33 мегиранд. Ва аз онҷо мустақим ба ҳисоби оффшор меравад, як копеек ба бюҷет намеравад. Ин филиали Амонатбонк дар

даруни домҳо, камтар аз лаби роҳ медароӣ, онҷо як кинотеатр дар вақтҳои Союз буд, дар таҳи ҳамон қарор дорад. 5-6 коргар дорад, ки корашон фақат пули тонировка қабул кардан.

Барои кори дигар агар биравӣ «филиали марказӣ брен, фалон филиал брен» гуфта вежливо ва дипломатично ҷавоб медиҳанд. Явна намегуянд, ки мо фақат пули тонировка қабул меунему аммо дигар амалиёти бонкӣ ҳатто интиқол надоранд. Чун он пул мустақиман меравад ба ҳисобҳои офшории оила. Дар ҳоле дар оғоз Раҳмонов гуфта буд пули танировка барои сохтмони Роғун бояд равад. Чуноне мегуянд: «бо номи кӣ вале ба коми кӣ»

Захватҳои рейдерии Ойла

Манбаъи наздик ба оила ба Ислоҳ чунин гуфт: Аз Хатлон бачаи ҳоҷӣ Раҷабалӣ Баротов  бо домодҳои Раҳмонов содиқона  хизмат мекард. Хизматгори онҳо буд. Маҳмадуллои бачаи ҳоҷӣ Шариф (падари Шамсулло Соҳибов) ҳамсинфи падари ман буд Маҳмадулло падари маро чанд бор фарёд мекунад, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунад. Падари ман ба ҳаромхурӣ даст намезанад, таклифи Маҳмадуллоро рад мекунад. Ин бачаи ҳоҷӣ Раҷабалӣ гуфт, ки падари шумо на худаш хурд, на монд дигарҳо хуранд. Ин дар ҳолест, ки медонист мо аз падарамон ҷудо зиндагӣ мекардем.

Азбаски он бачаи ҳоҷӣ Раҷабалӣ бисёр гуноҳҳои оилаи Соҳибовҳоро медонист, ӯро бо ҷурми салафӣ зиндон карданд. Ин бачаи Раҷабалӣ номаш Баротов Наврӯз бо тахаллуси Шрек аст. Ҳоҷӣ Раҷабалӣ аз Қурғонтеппа аз кучаи Ломоносов мебошад.

Наврӯз Баротов,ки тақрибан 41 сола аст домоди Умарқул раиси пешини нефтибазаи Левакант буд,то фаолияти ширкати Тоҷирону Фароз амал мекард. Маҳмадулло Соҳибов бо зӯрӣ аз ӯ ин нефтибазаро кашида мегирад.

Наврӯз Баротов якрӯз ақиқаи фарзандашро мекунад ва дар он чанд салафибачаҳоро даъват мекунад ва пас аз як ҳафта ӯро боздошташ мекунанд. Наврӯз ҳудуди 6 моҳ дар СИЗО ӯро нигоҳ медоранд ва ҳама дороияшро мегиранду бо дахолати хусураш Умарқул озодаш мекунанд. Дар он маъракаи Наврӯз Баротов чанд нафар иштироккунадаҳоро ба солҳои тулонӣ бо иттиҳоми Салафият зиндонӣ мекунанд. Мисли Ҳоҷӣ Саидмуроди маслобойчик, Ҳоҷӣ Файзиддин ва чанд ҷавони дигарро ба 20 соли зиндон маҳкум карданд.

Вай дар вақташ асноду ҳуҷҷатҳои мардумро барои ҳаҷ роҳӣ кардан омода мекард.

Ҳикояти дигар: Азиз Соҳибов раиси Тоҷикматлубот бачаи ҳоҷӣ Шариф як заправкаи як бародарро гирифт. Он бародар аз Қурғонтеппа, Усмон ном дорад, аз Гулзор бачаи бобои Пирмаҳмад. Усмон додараруси Имоми Гулзорӣ аст.

Боре Усмон бо Ёдгору чанд рафиқаш дар назди заправкааш шиштагӣ буданд. Азиз омада мегуяд, ки заправкаатро таъмир карда истодаед. Усмон мегуяд, бале. Аҳсан мегуяду меравад. Вале пагоҳаш омада мебинад, ки Усмон дар назди заправкааш бо рафиқонаш нишастааст. Усмонро мегуяд, ки ин заправкаро ман дар ҷои қарз мегирам.

Вале Усмон ба хонааш қасам хурда дар назди рафиқонаш мегуяд, ман ягон сомонӣ қарздор нестам аз ин Азиз Соҳибов. Азиз мегуяд, ки ин шакалади ҷиянҳо мебошад, ҷиянҳо калон шуда истодаанд, авлод калон шуда истодааст,бачаҳо, навасаҳо калон шуда истодаанд. Ва ба зур заправкаро аз Усмон мегирад.

Раҳмонов ва Соҳибовҳо

Ин хабар аз як нафар корманди пешини КДАМ-амният ба Ислоҳ расид: Пеш аз марги ҳоҷӣ Шариф, (Шариф Соҳибов) ногаҳон КДАМ се тонна маҳсулоти шираи камоли ӯро дастгир кард. Ҳоҷӣ Шариф ба раиси КДАМ занг зада мегуяд, ки шираи камол аз они ман аст. Дар ҷавоб раиси КДАМ гуфт, ки «ман ба президент доклад, кардам, мебахшед бобои ҳоҷӣ, аз дастам коре намеояд, ба президент муроҷиат кунед. Ҳоҷӣ Шариф ба Эмомалӣ Раҳмонов муроҷиат карда мегуяд «ҳамон шираи камоли амният дошта аз они ман аст, гуед баргардонанд». Эмомалӣ Раҳмонов дар ҷавоб мегуяд аз дастам чизе намеояд ва гушаки телефонро мемонад.

Ҳоҷӣ Шариф ба суи хона равон мешавад, ки дар роҳ давленияш мезанад ва баъди чанд рӯз аз дунë мегузарад. Аммо Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи мурдаи ҳоҷӣ Шариф ҳам  наомад.

Ҳоҷӣ Шариф инсони хуб буд, худо раҳматаш кунад. Касе наздаш мерафт корашро буд мекард.

Ҳоҷӣ Шариф язнаи апаи Азизмо, шавҳари аммаи Азизмои газетхонаки зани Эмомалӣ Раҳмонов мебошад!

Ҳоҷӣ Шариф дар вақташ ба Эмомалӣ Раҳмонов, ки дар як оилаи қашшоқи нодор мезисту бениҳоят дар фақру камбағалӣ ба сар мебурд ёриҳои зиёд додагӣ аст. Аз давраи дар ПТУ хондану дар маслозавод ба ҳайси электрик кор карданаш гирифта то зангириаш ҳоҷӣ Шариф ёрдамаш кардагӣ аст. Вақте аз маслозавод руған дуздида ба даст меафтад ҳамин ҳоҷӣ Шариф ёрдамаш мекунад.

Ҳоҷӣ Шариф духтари хусурбачааш Асадулло яъне Азизморо ба Эмомалӣ Раҳмонов гирифта ба занӣ медиҳад. Ва худаш туйи Эмомалиро ташкил карда мегузаронад.

Азизмо, Ҳасан, Ҳусейн, Раҳматулло аз якум оилаи Асадулло мебошанд.

Амонулло, Амрулло, Муҳибулло ва.. аз зани дигар мебошанд.

Дигар хусурбачаи ҳоҷӣ Шариф бобои Надим буд. Фарзандони вай дар Чапаев ҳастанд. Бобои Надим амаки Азизамоҳ  мебошанд.

Ҳасан Асадуллоев домоди ҳоҷӣ Шариф аст, язнаи Зоири домоди президент яъне апаааш Моҳсафар ҳамсараш аст. Раҳматии акаи Маҳмадулло писари калони ҳоҷӣ Шариф аст, писари Маҳмадулло Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмонов аст.

Раиси пешинаи Фароз, худораҳматии ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов сабаб шуда буд, ки Шамсулло Соҳибов домоди Раҳмонов шавад. Вай пешниҳод карда буд: «Шамсулло ту бояд домоди президент шавӣ, ту доступи калон дорӣ».Чунки падари Шамсулло бо Эмомалӣ Раҳмонов вақтҳои пеш бисёр якҷоя буданд.  Дар оғоз Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов ширкати Тоҷиронро бо Ҳоҷӣ Шариф таъсис намуданд. Пас аз он Ҳоҷӣ Шариф писараш Маҳмадуллоро бо Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов ҳамроҳ кард, то кор кунад. Пас аз он Маҳмадулло ба ҷойи худ Шамсулло Соҳибови писарашро бо Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов шарики тиҷоратӣ кард. Хуб дигар пас аз хориҷ шудани Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов тағйири ном карда ба Фароз идомаи кор дорад. Муҳим домодшудани Шамсулло Соҳибов бо машварати Шаҳид Умаралӣ Қувватов сурат гирифта аст.

Инро низ бояд зикр намоем,ки Эмомалӣ Раҳмонов дар вақтҳои дар ПТУ хондан ва дар маслозавод кор кардан дар хонаи марҳум ҳоҷӣ Шариф мезист.

Бозори ҳоҷӣ Шариф дар шаҳри Бохтар дар асл аз они Эмомалӣ Раҳмонов аст.
Ман шахсан дар сохтмони бозори ҳоҷӣ Шариф кор ва фаъолият кардаам. Дар сохтмони бозори ҳоҷӣ Шариф маблағи калон (расход) масраф шуда аст. Ҳамаи ин масраф аз ҳисоби буҷети вилоят ва маводи мухаддир буд. Инро низ бояд зикр намоем,ки дар сохтмони бозори Ҳоҷӣ Шариф ба Зоир Соҳибов аз тоҷирони зиёде пул гирифта аст.

Ба монанди:

Нуралӣ Ризоев 500 ҳазор доллар

Тоҷиддин Командир: 1млн 700 ҳазор доллар

Санг нач СБ МВД Хатлон: 500 ҳазор доллар

Файзи Геран: 300 ҳазор доллар

Нур Фақир маблағи ҳама ҳоҷатхонаҳои бозорро пардохта буд.

Ҷанги зери буриё миёни Ҳасан ва Мирзоевҳо

Задухурдҳои шадид байни Ҳасан Асадуллозода ва Хуршеди Мирзо дар паси саҳна гардишҳои нав касб мекунанд. Все таки навиштаҳои «Ислоҳ» дар ин бобат таъсири худро гузоштанд. Баъди гуфтаҳо дар барномаҳои шумо роҷеъ ба нақшаву ниятҳои Хуршеди Мирзоев, ки зиёд хоҳиши дур кардани Ҳасани ишкамба аз саҳнаи асосиро дорад, Ҳасан мутаваҷҷеҳи авзоъ шуда ба Хуршед Мирзоев сахт диққат карда истодааст. Маълум аст ки Ҳасан қувва ва қудрати кофӣ дар ихтиёр дорад, ҳар сделка, шартнома ва ҳаракатҳои Хуршедро хуб аҳамият дода истодааст.

Ҳасан Шералӣ Кабир ва боз чанд нафари бовариноки худро фарёд карда гуфтааст, ки «ку бо гапои нав… …и Хуршедш бо пайдо шидай, ҷогир бдай, ҳмммм»

Хуршед гуфтааст, ки «и шкамбаи Ҳасан хееееела хурду чарид, басай акы, ятарафаш кадан даркор»…

Ин гапҳоро бин «о апаи ма да дасти Президентай, апаи Хуршед не ку, ҳмммм?!.Вақте ки ма кору бор мекадм, и гындышкбача дар туалетои мактабу дига ҷо, ай шкофакои деволо, петакои муаллимаҳоша мепоид… … чи ӯ фикр мекна иқа сол ма просто так шиштум?… … давай Шералӣ ты ҳамаи сделкаҳоша кати ҳамаи корои финансиш дида бро, рост биё мара доклад кн… … чи нақшаҳо дора дар оянда, увошам… …дигаро бошан дига направлениҳоша бинен, давайте…»

Комил Мирзоалиеви Роҳи оҳан ҳам ҳайрон мондаасту Гуфтааст: «агар гапои Муҳаммадиқбол рост боша, Хуршед уқа кори хуб накадестай, сари ҳамамона мехра ин Хуршед».

Комил Мирзоалиев, ки худро аввал ба командаи Ҳасан рабт медод, ҳозир ҳайрон, ки чикор кунад. Бо Хуршед Мирзоев хешу табор асту наметавонад Хуршедро гуяд, ки чунину чунон накун, «яке мега гапои Муҳаммадиқбол рост набоша ба Хуршед мега, ки ты ба ҳаму афсонаҳо бовар кади… Бо Ҳасани Ориёнбонк бошад ҳам наздику зиёд сиру асрорашро медонаду мегуяд яке Худо накунад ягон кору бори медонистагии манро Муҳаммадиқбол бигуяд, «аниқ акаи Ҳасан ай ма мебина… бля и чи гапу корай, омада омада ҳозир шидестай. И акаи Ҳасанам, охирон вақто уқа катим соз гап назестай, аник иҷада ягон чира хит кадай», гуфтааст Комил…

Ҳасан таги Мирзоевҳоро кофта истодааст. Барои шикасту пора кардани схемаҳои молиявии Мирзоевҳо ҳаракатҳои махсус карда истодааст. Ӯ қариб, ки ҳар рӯз, бо собиқ вазири молия Наҷмиддинов Сафаралӣ ва собиқ вазири савдо ва равобити хориҷӣ Ҳаким Ҳусейнович Солиев вохуриҳо мегузаронад ва аз ин «ду пири кор» машваратҳо мепурсад. Ин ду нафар ҳар рӯз ба Ориёнбонк ранге, ки ба кор меомада бошанд, омада истодаанд. Аҷоиб.

Дар навбати худ Хуршед Мирзоев чанд корманди Ориёнбонкро вербоват кардааст, ки ба ӯ дар нисбати Ҳасан маълумотҳо дастрас кунанд.

Мирзоевҳо, ки пештар падарашон зинда буд, пеши роҳи баъзе аз корҳояшонро мегирифт ва ҳушдор медод,ки саросемагӣ накунанд. Акнун, ки падарашон аз дунё гузашт, фақат ба пеш.(Чанд ҳафта пеш падари Мирзоев даргузашт)

730 ҳазор сомони Литсейи Ҳасан Асадуллоев аз барқ қарздор аст

Ва ҳоло боз як маълумоти ҷолиби дигар дар бораи Ҳасани ишкамба. Ҳасан дар Душанбе литсей- мактаб хусусӣ дорад. Дар ин мактаб як шиноси ман кор мекунад. Вай ин ҳикоятро ба ман кард. Гуфт як рӯз аз Идораи барқ контролерҳо омада сими свети литсейро буриданд. Гуфтанд, ки ин мактаб аз барқ қарзи зиёд дорад. Ман дар кор будам. Хиёл кардам, ки бисёр бошад 3000 сомонӣ будагист. Аммо баъд фаҳмидам 730.590 сомонӣ мактаби Ҳасан аз барқ қарздор будааст. Ин пулро ба доллар баргардонем 64.000 доллар мешавад. Ин шиносам нақл кард, ки аммо ғайричашмдошти ҳама баъди ҳамагӣ 2 соат омада светро пайваст карданд.  Мегуяд боз «қизиқаш» инки қарзи 730.590 сомонии мактаби Ҳасанро аннулироват карданд. Яъне Ҳасан Асадуллоев ягон сум ба свет надода бошад ҳам аммо счетчикро 000000 карданду бахшиш пурсида рафтанд. Ана инро мегуянд дуздии руирост ва ана инро  мегуянд, ки суиистифода аз мақом. Ана барои чӣ ширкати  «Барқи тоҷик» инқадар қарздор мешавад. Албатта, ин сумҳоро ба сари халқи Тоҷикистон мезананду аз камбағали бечора «бақия» ном мегузоранду мегиранд. Наход Ҳасан бо ин ҳама дороиву кату кут суми барқи истифода бурдаро намесупорад? Боз дар ин мактаб кудакҳои худаш ҳам мехонанд. Ҳамин шиносам боз гуфт, ки аксарият набераҳои Раҳмонов дар ҳамин мактаби Ҳасан таҳсил мекунанд. Аммо дар бйни набераҳо ҳиҷ гуна рафоққат нест, гуфт ин шиносам ва афзуд, ки баракс байни ҳам мисли сагу пишаканд, ба ҳамдигар салом намекунанд, якдигаришонро дида наметавонанд. Аммо бачаҳои Ҳасан ва набераҳои Раҳмонов ҳар ҳафта мошинҳои худро иваз мекунанд. Ин шиносам,ки муаллим аст гуфт, кадомеашон коргарони мактабро меҳмонӣ даъват мекунад, маълум мешавад, ки отаву очаашро тамоман писанд намекардааст:  «Мега ман дидам чашмом кати, мега ин духтари бачаи наверашон Раҳмонова пул вайрон кардагӣ, мега як дигариша ненавидит, мега уриси кати значит Раҳмонова духтарош Рустама як дигариша дида наметонад, ранги душман як дигариша мебинад. Мега бовар кунен насиб ин шо Аллоҳ ҳоли як вахт мебиёяд Раҳмонова бачаҳои духтариш як дигариша мехурад ҷангу ҷанчол ҳаминба рафтестай рузба руз». Ин муаллим гуфт, ки мо дар меҳмонӣ худамон барои худамон хизмат кардем. Ин духтари яке аз духтарҳои Раҳмонов баромаданд хонаи болову магнитофонро баланд карданду ба рақс машғул шуданд. Гуфт бо чашмони худам дидам, ки дар сигарет он духтарҳову бачаҳо нашаро ҷо карда дуд доданд….

Зодгоҳи хонуми аввали Тоҷикистон дар чи ҳол аст

Ва, як ҳикояти дигар аз апаи Азизмоҳ! Дар кучаи падарии авлоди Асадуллоевҳо дигар одам нест. Аз кучаашон мегузаред на одам ҳаст, на мошин, куча холӣ. Ҳамаи хонаҳои ҳамсояҳоро бо пулҳои калон харидаанд ва дар ҷойи он хонааҳо хонаҳои калон- калон сохтаанд. Лекин одамони наздикашонро оварда дар он хонаҳои сохтаашон квартирант мешинонанд. Аммо худашон бошанд дар Душанбе- пойтахт зиндагӣ мекунанд.
Ҳама ҷиянҳои апаи Азизмо ва акаи Ҳасан Асадуллозода ду- се занӣ доранд. Аз ин занҳо фарзанд доранд. Ҳама сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ медонанд, лекин хомӯшанд. Ба ҷиянҳои Асадуллозодаҳо ду- се занӣ иҷозат ва мумкин аст, ба дигарон не. Агар ба сиёсат кордор шуди дар назди қонун ҷавоб мегӯй. Яъне кордор шудан ба СЕМЕЙКА ин кордор шудан ба сиёсат аст дигар.
Ҳоҷӣ Мирзои кулобӣ дар маъракаҳои шабнишинии Асадуллоевҳо фаъолона иштирок мекунад. Қариб, ки бе ҳоҷӣ Мирзои кулобӣ маъракаҳояшон соф намегузарад.
Пештар маъракаҳояшон дабдабаноку пурвоҳима буд, ҳоло меҳмонон қисм-қисм  меоянд. Аммо маъракаҳояшон чанд рӯзӣ давом мекунанд.
Генпрокурор кӣ мешавад?

Дар даруни Оилаи Раҳмонов айни замон муҳорибаҳои шадид барои «сфера влияний» идома дорад. Ҳар кадоме талош дорад, қудрату тавони худро зиёдтар кунад.

Ҳам Озода, ҳам Рустам ва ҳам Зоир (қурғаниҳо) дар такудаву такопу ҳастанд. Барои вазифаҳои калидиро ба одамони наздики худ додан муборизаи шадид ҳам бурда истодаанд.

Баъд аз анҷоми интихоботи Маҷлиси намояндагон, ки қарор аст охири феврал ва аввали апрели соли 2025 доир шавад, муҳлати кории Прокурори Генералӣ, қудои ҳамакнун собиқи Эмомалӣ Раҳмонов Юсуф Раҳмон ба охир мерасад.

Як гурӯҳ ба ҷои вай Сулаймон Султонзода, директори Агентии мубориза бо коррупсияро оварданианд. Сулаймон Султонзода ҷияни Матлубхон Давлатзода, тағои президент Раҳмонов аст.

Варианти дуюм, ки эҳтимолияташ камтар аст Ҳабибулло Воҳидов сарпрокурори ҳарбӣ ва муовини Прокурори генералии Тоҷикистон аст. Ҳабибулло Воҳидов дар Душанбе ва дар вилояти Суғд ба ҳайси прокурор кор кардааст. Сипас Воҳидов  директори Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъйин шуд ва аз онҷо ӯро ба ҷои феълиаш Прокуратураи ҳарбӣ оварданд. Бо таваҷҷӯҳ ба онки ӯро аз Агентӣ ба Прокуратура  оварданд, ҳадс зада мешавад, ки ин «перевод» шояд барои курсии Прокурори генерлӣ бошад. Аммо минуси Ҳабибулло Воҳидов ин аст ки вай фархорӣ аст. Баъди кудетои Саидҷаъфар Усмонзодаи фархорӣ фархориҳо аз назари Раҳмонов уфтоданд. Ҳамчунин Раҳмонов дар ин авохир афроди нафақахур ё наздик ба пенсаро ба вазифаҳои масъул мансуб накарда истодааст. Инчунин чанд фигураҳои муҳимми дигар вуҷуд доранд,ки ба круги Рустам марбутанд онҳоро мегузорем ба қариби он рӯзи таъинот.

Раиси Суди Олӣ Шермаҳмади Шоҳиёни аспбозро низ ба нафақа равон мекунанд. Ҳоло барои ҷойи вай ҳам кондидат кофта истодаанд. Гуё раиси Суди олии иқтисодиро меоваранд дар ҷойи вай.

СС.Ятимов,раиси КДАМ ҳам ҳарчиқадар талош ва ҳодисаҳо ташкил кунад, масалан як хитоиро дар марз гуё случайно куштанд, фоидааш намекунад. Вай ҳам меравад. Аммо ин гуна гапҳо ҳам ҳаст ки СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзодаи Ҷеки Чанро имкон дорад Раҳмонов дар бараш ҳифз кунад. Дар бораи ин ду нафар ҳоло қарор ва тасмим ниҳоӣ нашудааст. Ҳар хел дигаргунӣ шуданаш дар ҳокимияти Раҳмонов мумкин аст. Чунки ҳама медонанд тасмими ӯ метавонад дар як шаб иваз шавад.

Шоҳрух Саид, сардори РВКД-и Душанбе кушишҳои сахт дорад, ки Мансурҷон Умаровро аз вазифа сабукдуш кунад. Чунки маҳз Мансурҷон Умаров падари Шоҳрух Фаттоҳ Саид ва кормандони Агентии коррупсияро дастгир карда сабтҳои видеои маҳрамонаи Фаттоҳи раққосаро бароварда буд. Барои ҳамин Генерал Шоҳрух Саидзода то ҳол аз пайи интикоми падари заднимостзадааш гаштаасту дар байни кругаш гуфтааст: «Мансур Умаровро аз вазифа мегируму дар ҳаму турмаи худуш маҳкамуш мекунум. У отаи мара маҳкам карданӣ буд, ай дастуш…. наомад. Аку навбати ма расид, нигоҳ кунен чи хели мекунум и фархориҳора кати ятимчашон. Плано ҳамаш тайёрай» гуфта воҳима карда истодааст.

СС.Ятимов компраматҳои хело ҷолиб аз Шоҳрух ва чандин мақомоти болоии ВКД дар даст дорад. Аммо бо хоҳишу исрори Рамазон Раҳимзода аз СС.Ятимов,ки то будани ман ин корро накунад,ки номи ман сиёҳ мешавад. Гӯйё СС.Ятимов ҳам гуфтааст ман фикр мекунам дар ин маврид. Рамазон Раҳимзода фармони қатъӣ додааст,ки ҳар шикояте нисбати Шоҳрух Саидзода аз ҳар шаҳрванд нисбати Шоҳрух Саидзода расидаро ҳатман санҷанд ва танҳо ба дасти худаш расонанд онро. Ҳоло чандин нафаре нисбати Шоҳрух Саидзода шикоят карда зери назорати шахсии вазир қарор доранд. Ин ҳам яке аз далоили буғранҷ будани вазъияти дохили ВКД-ро мекунад.

Сообщение Семейка news №12 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №198
Ин нашри «Номаҳо…» пурра ба ноҳияи Панҷ бахшида мешавад. Ду номаи аввал ба қалами як нафар навишта шудааст. Муаллифи номаи саввум нафари дигар аст. Барои он ин номаҳоро дар як барнома ҷой додем, ки ҳарсеяшон ҳамдигарро такмил ва тақвият мекунанд ва ҳамагӣ аз як ноҳия ва мушкилоти он мегуянд.

Панҷ

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи  баракотуҳу бародарону хоҳарони азиз! Ман ин номаро аз дохили Тоҷикистон навишта истодаам. Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»№ 182-юмро тамошо кардам. Дар бораи ҷиноятҳои милитсияҳои ноҳияи Панҷ гуфтед. Ҳамааш садфисад, бе ягон ғалат дуруст аст, аммо ман боз илова карданиам. Ҷиноятҳои ҳукумати Раҳмоновро  садсолаҳо нависем ҳам кам аст. Ба мисли Раҳмонов ҳаромтарин роҳбар дар таърихи тоҷикон набуд. Ин касифи касофат аз куҷо пайдо шуду мардуми тоҷик ва тоҷикистониро ин қадар дар ба дару хок ба сар кард ва ба хоки зиллат нишонд

Ман ин номаро дар бораи Давлати кулобӣ ва ҷиноятҳояш менависам. Ин шахс дар   Панҷ зиндагӣ мекунад. Чанд сол қабл аз маҳбас баромада ба зодгоҳаш, ба шаҳри Кулоб меравад. Он вақт бародари калониаш зинда буд. Уро роҳ намедиҳад: « рав падару модарамон аз пушти ту ва аз ғами ту аз олам гузаштанд гуфта сураш мекунад». Давлат ҳам гашта пеши занаш, ки дар вақти дар маҳбас буданаш бероҳа шуда буд меояд ва мисли даюсе ба хонаи хусураш медарояд ва ба оилааш зиндагиро давом медиҳад. Тақрибан 1сол зиндагӣ мекунад, ки ин ҳаром ба духтари қайсангили худ, ки он вақт ин духтар ба балоғат нарасида буд дастдарозӣ мекунад. Аз ҳолати кор модари духтарак хабар меёбад ва ба бародаронаш мегуяд. Авлоди занаш зада зада аз хонашон меронанд ва занашро гирифта ба иҷора меравад, то ҳол дар иҷора гаштааст.

Аз соле, ки Табаров Давлатшо ба вазифаи муовини ШВКД-и ноҳияи Панҷ (2016) меояд ҳаромкории ин ду ҷура сар мешавад. Соли 2017 Давлати кулобӣ як қитъаи заминро ҳуҷҷат мекунад, ки дар ин замин набуд, заҳбур буд. Хулоса ҳамини обпартои 15 хоҷагиро пешашро баста хок пур карда хона мебардорад. Мардум арз карданд. Вале арзи мардуми деҳаро ягон кас гуш накард. Чунки дар сари ин кор Табаров Давлатшо истодааст. Намедонам мақомоти болоӣ куҷоро нигоҳ мекунанд? Наход як муовини ШВКД-и ноҳия зиёда аз 8 сол дар як ноҳия ва дар як вазифа истад.

Бовар кунед худи милисаҳои Панҷ аз дасти Табаров Давлатшо безор шудагианд.

Инҷо мехоҳам, ки аз чандин ҳаромкорӣ ва касофатҳои Давлати кулобирӣ бигуям. Дар деҳаамон аз як марди камбағал, ки як писар дорад, заминашро кашида гирифт.

Ҳолати кор чунин аст. Дар ҷамоати деҳоти Озодагон, деҳаи Шахмат як мард зиндагӣ мекунад, ному насабаш Рустамов Турдибой ва писараш Рустамов Зулфиқор мебошад. Писари акаи Турдибой ба духтари Ниёзов Назирмат, собиқ раиси маҳалла, ки ҳамсинфи Зулфиқор аст оила барпо мекунанд ва тақрибан 3 сол зиндагиӣ мекунанд. Соҳиби як фарзанд мешавад. Зулфиқор дар Муҳоҷират қарор дошту занаш дар мактаби рақами 11 –и деҳа омӯзгор буд. Бо кадом омӯзгоре «гап»-и ин зан мебарояд ва Зулфиқор аз муҳоҷират омада занашро сар медиҳад. Занаш баъди ҷудо шудан ба суд ариза мекунад, ки барои фарзандаш замин ва алимент супорад. Суд дида баромада ба хулосае меояд, ки ба номи Зулфиқор ягон замин вуҷуд надорад ва танҳо алимент меситонад. Бо ҳамин Давлати кулобӣ аз куҷое аз ин кор дарак меёбад ва пушти ин корро мегирад ва ин бевазанро мегуяд ман замин гирифта медиҳам, чунки суд ва муовини ШВКД ҷураи ман аст- агар хоҳӣ ман кори туро ҳал мекунам. Ин бевазан розӣ мешавад. Давлати кулобӣ ин занро гирифта пеши Табаров Давлатшо  мебарад ва мегуяд, ки ҳолати кор чунин аст. Собиқ шавҳари ин зан як тарсончак аст ва дар номи хусураш замини бисёр дорад. Аз ҳамин замин як қисматашро гирифта медиҳӣ. Табаров Давлатшо мегуяд агар пулаш бошад ман ҳал мекунам.

Бевазан омада падарашро мегуяд, ки ман одам ёфтам, ки барои писарам аз ҳисоби собиқ шавҳарам замин гирам. Падараш мепурсад, ки одамат кӣ аст? Духтараш мегуяд, ки одамам акаи Давлат.

Ин собиқ раиси маҳалла, ки ҳоҷӣ Назирмат Давлатро нағз мешиносад ва медонад муовини ШВКД ҷураи ин аст. Ва худи ҳоҷӣ Назирмат ба Давлат ҳамсуҳбат шуда корро оғоз мекунад. Табаров Давлатшо одамони кумитаи заминро бар сари Рустамов Турдибой равон мекунад ва коргарони кумитаи замин мегуянд ака заминатон бисёри бад аст. Ба номи шумо ин қадар замин набояд ҳуҷҷат шавад. Барои ҳамин ба номи шумо 15 сотик ҳуҷҷат мекунем, боқимонда 10 сотик заминатонро метавонед ба номи писаратон ҳуҷҷатгузорӣ кунед.

Акаи Турдибой медонад, ки агар заминро ба номи писараш кунад собиқ келинаш кашида мегирад, розӣ намешавад ва коргарони кумитаи замин мегуянд набошад боқӣ 10 сотихатонро ҳамчун замини ёрирасон ҳуҷҷат кунед ва боқӣ 10 сотихашро замини ёрирасон ҳуҷҷат мекунад.

Сипас бевазан аз нав аризаи даъвогии замин мекунад. Судя аризаро боз аз нав дида баромада он замине, ки 10 сотих ҳамчун замини ёрирасон буд, ба номи  бевазан мекунад.

Акаи Турдибой мегуяд ман 1сотих ҳам ба ин зани бероҳа намедиҳам. Судя мегуяд ин замини шумо нест, ин дар ҳисоби ҷамоат аст, шумо фақат ҳамчун замини ёрирасон истифода бурда истодаед, барои ҳамин аз ҳисоби замини ҷамоат мо ба собиқ келинатон медиҳем. Акаи Турдибой ҳам одам меёбад ва пеши судя медарорад, ки барои чи ин хел қарор баровардааст. Судя мегуяд агар пул бошад ман қарорро иваз мекунам. Акаи Турдибой ин гапро шунида нангаш меояд ва мегуяд пул дода бошад ҳам ин заминро набояд ба инҳо диҳам гуфта ба одамаш мегуяд, пеши судя даро ва пурс, ки бар ивази қарораш чи қадар мепурсад. Одамаш даромада мепурсад. Судя мегуяд 30 ҳазор сомонӣ орад ман ивазаш мекунам ва ин марди камбағали бечора чи чорво ва чи буду шуде дошт фурӯхта ва 15 ҳазор сомонӣ аз бонк қарз гирифта ба судя медиҳад. Судя мегуяд тамом коратон ҳал, ягон кас замини шуморо намегирад гуфта заминро пас мегардонад. Баъди 1 сол гузаштан ҳоҷӣ Назирмат омада атрофи заминро маҳкам карданӣ мешавад. Акаи Турдибой мегуяд шумо барои чи замини манро маҳкам мекунед. Барои шумо замин нест гуфта ҷанҷол мекунад. Ҳоҷӣ Назирмат бо Давлати кулобӣ хандида мегуянд мо дар дастамон санад дорем гуфта ҳуҷҷатро нишон медиҳад. Акаи Турдибой дар ғазаб пеши судя меравад ва судяро мегуяд инҳо чихел ҳуҷҷат карданд. Шумо кори манро ҳал карда будед гуфта ҷанҷол мекунад. Судя худашро ба нодонӣ зада «ман сертификат карда наметонам, онҳо аз куҷо сертификат кардаанд, рав ҳамонҷо даъво кун» гуфта пас мегардонад. Ин мард аз қаҳр ба суди вилоятӣ даъво мекунад. Суди вилоятӣ мегуяд муҳлати даъвоятон гузаштааст. Аз он ҷо ба Суди Олӣ, ба Шоҳиён ариза мекунад ва дар Суди Олӣ қароре, ки якум бароварда буд бе тағйир мемонад, яъне замн аз ҳисоби замини ёрирасон ба ин бевазан дода шудааст.

Ҳоҷӣ Назирмат пеш дар маҳалла ҳамчун раиси маҳалла ва имоми масҷиди деҳаамон буд. Бинобар сабаби ҳуҷҷат надоштани масҷид онро баста буданд. Аз ҳамин фурсат истифода бурда заминҳои масҷидро ба пули арзон ба номи худаш санад мекунад ва иморати масҷидро намемонанд, ки санад кунад ва заминҳои масҷидро аз байн 2 сол мегузарад мефурӯшад. Ва ҳоло аз масҷид танҳо имораташ монд. Боқӣ ҳамаро фурӯхт. Барои ин кораш мардуми маҳалла аз раиси маҳаллагӣ гирифтанаш.

Боз ин Ниёзов Назирмат дар хонааш барои мардум бо процент пул медиҳад. Ин як одами рибохур аст.

Мардуми маҳалла дар Федератсияи Русия барои ободии маҳалла ва бунёди майдончаи варзишӣ гурӯҳ ташкил карда маблағ ҷамъ мекунанд. Дар лаби қабристони маҳаллаамон камакак замини бекорхобида буд. Дар он ҷо кудакон барои бозӣ майдончаи варзишӣ ташкил карда буданд. Ҳамонҷо як ҳамдеҳаамон санади замини наздиҳавлигӣ карда атрофашро маҳкам ва ҳамаро сур кард. Ин одами ин заминро ҳуҷҷат кардагӣ падараш аст ки дар замони пеш аз ҷангҳои шаҳрвандӣ раиси колхоз буд ва тамоми заминҳои колхозро фурӯхта буд ва дар вақти ҷанг ин одамро кушта рафтандаш бо номи Алёша машҳур буд. Ман ба писарони Алёша гуфтаниам, ки падаратон аз пушти ҳамин хел заминфурушӣ мурда рафт вале 1сотихаш ҳам насиб накард. Ин майдончаро пас гардонед. Дар инҷо фарзандони худи шумо бозӣ мекунад.

Бо ҳамин аз маблағи ҷамъшудаи муҳоҷиронро Давлати кулобӣ ва ҳоҷӣ Назирмат дарак ёфта боз мардуми деҳаро ба фиребу макрҳои худ дароварда аз Кулоб як одамро оварданд, ки вай гуё ҳамсинфи Эмомалӣ Раҳмон будааст. Масҷидро аз сар мекушоем гуфта фиребашон дода пулҳои деҳаро гирифтанд. 2 сол пеш гуфта буданд, ки дар таробеҳи ҳамон сол масҷидро мекушоем. Аз байн 2 сол гузашт. То ҳол на аз масҷид хабар асту на аз пулҳои мардум. Ман мардуми деҳаро гуфтаниам, ки кадом масҷиде махкам шудагӣ аст то ҳол ягонтои он дар ягон минтақаи Тоҷикистон гашта кушода нашудааст, ба ин шайтонҳо бовар накунед ва ба ин ду ҳароми шайтон гуфтаниам, ки бас кунед ҳаромиатонро.

Ин Давлати кулобӣ духтари ҳоҷӣ Назирматро ба гуфти худаш никоҳ карда гирифтааст. Ин бевазан дар мактаб ҳамчун котиба дар назди директори мактаб кор мекунад ва дар бораи ин директор дар барномаҳоятон гуфтагӣ ҳастед. Чанд моҳ пеш директори мактаб Давлати кулобиро мегуяд «ин котибаи манро ба мошинат савор карда набар наёр, ман хафат мекунам» мегуяд. Давлати кулобӣ қаҳраш омада бо директор ҷанг мешавад: «ин зани ман аст чи коре хоҳам мекунам».

Директор мегуяд ин дар хонаат занат бошад дар мактаб зани ман аст. Ҷанҷолашон то ҳол идома дорад.

Ман ба ин мактубҳоям ягон касро пас заданӣ нестам ва ягон касро беобру карданӣ ҳам нестам. Ҳаминро гуфтаниам, ки то кай мо чашмонамонро мепушем? Бас аст охир, косаи сабрамон лабрез шуд.

Давлати кулобӣ аз кучо ин қадар дову даска дорад? Ягонҷо кор намекунад. Як писар дорад, ки ҳамон ҳам бошад ҳамроҳи падару модараш.

Дар номаи гузашта ҳамон бародари мактуб нависондагӣ ҳоло ҳам аз як мошину аз як хонаи дигаре дар Душанбе доштаро нанависондааст. Боз як Кемри 2 -и сафед, ки рақами қайди давлатиаш 71 77 аст ва боз тарафи 33 микрорайони  Душанбе як хонаи 3 утоқа дорад. Агар аз ҷиноятҳои  Давлати кулобӣ китобҳо нашр кунем ҳам тамом намешаванд.

Номаи 2

Ва, дар ин қисмати номаам аз муфаттиши калони ШВКД-и ноҳияи Панҷ Одиназода Алиҷон мегуям

Муфаттиши калони ШВКД-и ноҳияи Панҷ Одиназода Алиҷон як наркобарон ва коррупсионери калони ноҳия мебошад. Ҷиноятҳои ин муфаттиш аз рӯзе ба ноҳия омаданаш сар шуда буд ва то ҳол идома дорад. Ин шахс зодаи шаҳри Бохтар мебошад. 4 сол пеш ба ноҳияи Панҷ ба кор омада буд. Як опели вайрона дошт. Ҳозир бошад Тойота камрии 5-сиёҳ дорад. Рақами давлатиаш 22-22 аст. Дар ноҳия мегардад, мегуӣ, ки ягон раиси вилоят бошад. Худашро ҳамин хел калон мегирад.   Чандин ҷавонписарро бо туҳмат ва беасос маҳбас кард. Кадом делое, ки ба дасти ин аблаҳ мерасад пора талаб мекунад. Агар бечора шаҳрванд надошта бошад, ё ёфта натавонад, бовар кунед делои андакро бадвоҳима карда 100 дуруғи дигарро зада ба калааш мемонад ва маҳбасаш мекунад.

Ин инсон бисёр зираку ҳушёр аст. Чандин маротиба ӯро поидан аммо қапида натавонистанд.

Алиҷон барои интиқоли наркотикаш аз бачаҳои вилояти Суғд шаҳри Истаравшан деҳаи Чорбоғ, ки акаву додаранд истифода мебарад. Ин ду акаву додар ба простин ва материалфурушӣ машғул мебошанд. Номи акааш Анвар ва номи додараш Абдуқодир аст. Инҳо деҳа ба деҳа простин фурӯхта мегарданд. Кадом вақт ки борҳои Алиҷон тайёр шуд, ҳамон вақт инҳо аз ҷои муайянкардаи худашон борро гирифта ба шаҳри Хуҷанд раҳсипор мешаванд ва худи Алиҷон сопровождаташон мекунад то шаҳри Хуҷанд. Ин бисёр бор намекашонад, аз 5 кило зиёд намебарад. Инҳоро бачаҳои 6-ой отдели шаҳри Душанбе бисёр поиданд, аммо қапида натавонистанд ва то ҳол корашонро идома дода истодаанд.

Дар бораи порагириаш маълумот бисёр аст. Аммо аз онҳо яктояш хело аҷиб аст. Моҳи апрели соли 2024 як тракторчӣ, ки дар ҷамоати деҳоти Озодагон, деҳаи Оқчапар зиндагӣ ва кор мекунад ба трактораш юнучқаи як шаҳрвандро даравиданӣ меравад. Дар он деҳа як бачаи аз ақл бегонае ҳаст, ки шабҳо аз хонааш баромада даруни заминҳои мардум хоб мекунад, ҳамон рӯз дар даруни ҳамин замине, ки тракторчӣ бояд юнучқаашро даравад хоб будааст. Ин тракторчӣ бечора ин бачаро намебинад ва каме пояшро зер мекунад, ки пусти пояш камакак мехарошад ва доду вой карда аз ҷояш хеста ба хонааш медавад. Бечора тракторчӣ тарсида тракторро партофта аз пасаш меравад ва падару модари ин кудакро мефаҳмонад, ки ин ҳодисаи нохуш шуд вале худоро шукр, ки писаратонро ягон кор накардааст гуфта аз падару модари кудак узр мепурсад.

Падару модар «ака ягон кор кардагӣ нест, натарсед, пояшро камакак харошидасту тамом, шумо равед, бемалол коратонро давом диҳед гуфта тракторчиро пас мегардонад». Аммо баъди 2 рӯз милисаҳо дарак ёфта омада аз падару модари ин кудак аҳволи писарашро мепурсад ва хоҳиш мекунад, ки кудакро бурда аз муоинаи духтур гузаронад, то мабодо ягон кор нашуда бошад.

Падару модар мегуянд ягон гап нест, ягон кор шудагӣ нест. Ба гапҳои инҳо гуш накарда кудакро гирифта ба беморхонаи Қараболои Панҷ мебарад ва гуё ташхис мекунад, ки узвҳои дохилаи ин кудак лат хурдааст ва нисбати тракторчӣ дарҳол дело оғоз карда тракторчиро аз сари замин гирифта ба ШВКД мебаранд ва мегуянд, ки шумо ҳамин кудакро бо тракторатон зер кардед, дилу ҷигарашро лах лах кардед гуфта метарсонад: кудак температура кардаст, хонагиҳои кудак ба бемористон овардаст ва моро занг задан, мо омадем духтурон ташхис мондан, ки аҳволи кудак бисёр безеб аст, шуморо дело оғоз мекунем гуфта баёноти ин тракторчиро мегиран ва ҷавобаш медиҳанд. Ба мо даркор шудед, занг зада фарёд мекунем гуфта тракторашро оварда дар ШВКД маҳкам мекунанд. Бечора тракторчӣ пеши падару модари кудак меравад ва мегуяд, ки ҳамин бачаи шумо мазааш гурехт, чаро манро хабардор накардед? Бечора падару модари ин кудак мегуянд, ки мо ягонҷо набурдем ва кудакамон низ ягон мушкиле нашудааст. Милисаҳо омада маро бемористон бурд мегуянд. Тракторчӣ мефаҳмад, ки милисаҳо махсус ин корро кардаанд ва кудакро гирифта ҳамроҳи падару модараш барои экпертиза ба шаҳри Бохтар мераванд ва дар онҷо аз духтур мегузаронанд ва духтурҳо писаратонро ягон кор накардааст гуфта хулоса медиҳанд ва онҳо баргашта меоянд.

Бо ҳамин аз байн як ҳафта мегузарад. Муфаттиш Алиҷон тракторчиро фарёд мекунад ва мегуяд нисбататон делои ҷиноӣ кушодагианд, мо шуморо ба ҳабс мегирем ва тракторчӣ мегуяд, ки падару модари кудак ягон даъво надошта бошад барои чи дело мекунед? Мегуяд, ки даъво надошта бошад ҳам кудакро маъюб кардагиӣ, барои ҳамин мо туро дело карда истодаем. Тракторчӣ мегуяд кудак ягон мушкилу осебе ба ӯ нарасидааст, ана хулосаи экперт. Алиҷон варақро хонда ба ғазаб меояд, ки шуморо кӣ иҷозат дод, ки ин кудакро ба Бохтар баред, ман худам аз сар ташхисаш мекунам гуфта бечора кудаки сиҳатро бурда пои харошидагиашро гипс мекунад ва мегуяд, ки мо аз сари нав ташхис гузаронидем, устухони пои кудак каф хурда будааст. Бовар кунед, кудаки соқу саломатро гипсаш карда дар беморхона мехобонанд ва тракторчиро як шаб дар отдел маҳкам карда чуноне мезананд, ки мурдаи Ленинро ба калааш бор карда рӯзи дигараш ба калааш 50 ҳазор сомониро мебандад ё мегуяд 3 сол зиндонат мекунам. Бечора тракторчӣ чунон азоб мекашад ва ноилоҷ ба ҳамаи гапи Алиҷон розӣ шуда дар муддати 2 рӯз пулро оварда медиҳад ва ҷонашро халос мекунад. Магар сардори ШВКД,КДАМ ва дигар ниҳодҳо аз ин ҳодисае ҳама ноҳия огоҳ шуданд хабардор нашудаанд? Пас чӣ лозимед шумо дар Панҷ?

Ин золимон то кай моро ин қадар азобу уқубат медиҳанд, ҳайронем. Охир то кай? Эмомалӣ корро карда наметавонӣ ё ин сагҳои ҳароматро лаҷомашро кашида наметавонӣ вазифаро холӣ кун! Худат гуфта будӣ, ки «кор карда наметавонен ҷойро холи кунен, кадрои ҷавон бисёранд».

Ман ба наздикӣ донишгоҳро хатм кардам. Ба тамоми мақомот рафтам, барои кор. Оддитарин корхонаи шуғли аҳолии ноҳия бе пора ба кор қабул намекунад. Барои ба кор қабул кардан бояд 2 ҳазор сомонӣ шапка диҳӣ, баъд ба кор қабулат мекунад ва маошаш 800 сомонӣ аст. Боз баъзе корхонаҳояш меравӣ мегуянд барои мо мутахассисони ботаҷриба даркор, таҷрибаи кории на кам аз 3 сол даркор, ки ба ҳукумати ноҳия кор кунӣ. Ман мушоҳида кардам, ки дар идораҳои суд 80 фисади дело шудагон ҷавонанд, ки аз ҷавонӣ доғи суди мегиранд ва як умр дар ба дар мегарданд. Ин ҷавонҳоро раисону коргарони пуртаҷриба махсус миёнашонро мешикананд, ки ҷои моро нагиранд. Сиёсати ҷавонсозии ҳукумати Раҳмонов ҳамин бошад ?

Дар охир аз Раҳмонов як хоҳиши дорам: Истеъфо теву рав бовар кун нашудӣ!

Номаи 3

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устоди азиз!

Ман як мухлиси доимии шумо аз Панҷ мебошам. 5 -6 сол аст ки мо ҳамаи оила «Ислоҳ»-ро тамошо мекунем.  Алҳамдулиллоҳ бисёр чизҳоро фаҳмидем, аниқтараш ҳуқуқи худамонро шинохтем. Ва ман имрӯз мехоҳам дар бораи чоплусҳои деҳаамон гап занам. Ҳозир ба ҳама маълум аст ки мо дар Русия ва дар ватан дар чи вазъият қарор дорем. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда имрӯз ин чоплусҳо корашон фақат лесидан аст. Ҳозир дар ҳар қишлоқ дар вотсап группа доранду барои ободии деҳа гуфта аз муҳоҷирон пул талаб мекунанд. Сари як одам дар як сол 6 ҳазор рубл ва инҳо ин пулҳоро мегиранду роҳ  месозанду трансформатору столба мехарем мегуянду мактаб месозем мегуянд.

Ва боз халқи бечора алоҳида сум ҷамъ мекунаду заҳбурҳоямонро меканем. Охир аз ин дида дигар зулм зиёд намешавад. Мо налоги об, свет, хона ва замин месупорем. Ҳар сол пули ремонти мактаб меспорем, дар ҳоле, ки ин корҳоро бояд давлат кунад.

Эй, чоплусҳои гиромӣ! О, шумо чашмонатонро кушоед охир, ё ки намедонед ин корҳоро. Ба чашми мардуми бечора хок пошида мардумро ғулому бардаи худ  кардед. Аз тамоми муҳоҷирон хоҳиш мекунам: «эй бародаро, илтимос, бас кнен ин кортона. Шумо умри ин ҳукумати золимора дароз кадестен ба ин корҳоятон».

Ба мардуми Панҷ гуфтаниам, ки эй панчиҳо! «Иқа мурғ нашавед. Агар ҳамон шермардоне, ки панчиҳо, ин оқипадари Раҳмонов, куштшон, агар зинда шаванд ба Худо да рутон туф мекнан, иқа беномус шуден? Якдигарта намедонӣ чи хел подстава кунӣ. О, бас будагист ранги мурғ зиндагӣ кардан. Як бор хутон ба хутон суол кунед, мо ба киҷо рафтестем? На динмон мондай, на фарҳонгмон! Духтаромон ба чи корҳое даст задестиян, да мактабо писаромон бошад аз он ҳам батар. То18 сола ба масҷид рафтан манъ. Таълими Қуръон манъ, сатру хиҷоби модару хохаронамон поймол! Чи кори дигар мондай, ки шумо бедор мешавен, ё ки ждать дорен, ки занову духтаронатонро да пеши чашматон таҷовуз кунанду бад шумо мехезен бар муқобили ин золимон?»

Устод то солҳои 2014- 2015 дар Тоҷикистон каме ҳам бошад динамон озод буд. Кудакҳо ба масҷид мерафтанду таълими Қуръон мегирифтанд ва аз 2016 то ҳозира ин бачаи Марями гурсухта ошкоро противи дину мубини ислом мубориза бурда истодааст. Ин мардуми мо доимо як гапро такрор мекунанд: «ба як кас намешавад ё инки мегуянд, ки охир агар як каси дигар Президент шавад то у сер мешавад, чанд соли дигар мегузарад».

Хоҳиш мекунам аз ҳамаи шумо эй миллати азиз! Бас кунед ин гапҳоятонро. Ин гапҳо дуруғ аст. Агар президент дар фикри ободии ватанаш бошад, аз 2 то 5сол  вақт достаточно.

Хулосаи гап, ин ки биёед худамонро ба девонагию нодонӣ наандозему мард шавему ин пирбузбалаи аҳмақи Раҳмоновро чапа кунему баъд озодона зиндагӣ кунем. Бовар кунед устод ман он қадар саводи кофӣ ҳам надораму лекин дар ҳамин ҳаёт бо бисёр корҳо вохурдам. Ноҳақиву номардӣ бо тамоми санъаташ аст дар Тоҷикистон. Ва фикри шахсии ман дар бораи ҳамин гуруҳҳое, ки дар ватсап барои ободии деҳа гуфта пул ҷамъ мекунанд, фикр мекунам, ки ин кор хато аст. Мо бояд аввал аз боло роҳамонро росту дуруст кунем, яъне як Президенти худотарсу бо имонро интихоб кунем ва баъд ҳамааш ҷои худашро  мегирад. Дигар на роҳ месозему на мактаб.

Панҷиҳои гиромӣ бедор шавед, ва ба «Ислоҳ» нависед,то дигарҳо ҳам ин бузҳоро шиносанд.

Ва дар охир хитоби ман ба чоплусҳои деҳаи Чорсу собиқ Қизилюлдуз, ки дар группа сари мардумро тоб медиҳанду ба чашми мардум хок мепошанд. Якумаш ҳоҷӣ Амрулло бачаи худо раҳматӣ акаи Нурулло бо кличкаи (Нурлоча). Ин ҳоҷӣ Амрулло ягон ҷо хондагӣ нест. Тамоман савод надорад. Лекин ранги як радиои 5 сума гап мезанад, худашро бисёр доно мегирад, мутакаббир ҳам ҳаст. Мегуфта бошӣ, ки падари ҳамин деҳаи Чорсу бошад. Ногуфта намонад, ки ин ҳоҷии номуҳтарам званийро харидагӣ аст. Званияш капитан. Гоҳе милиса мешаваду гоҳе мулло ва гоҳи дигар човандоз. Хулоса, ранги Раҳмонов аст. Холаи ҳамакора ҳамаи корҳояш нимкола.

Боз мегуяд, ки бачаҳо беномус нашавед, солонаатонро маҳкам кунед. Агар касе маҳкам накунад номашро мегирам, шарманда мешавад. Маро хуб гуш кун ҳоҷӣ Амруллои чоплус. Агар ҳамин корҳоятро бас накунӣ, боз аз ин дида бештар менависам. Корҳои паспардагиатро менависам:          « хулоса, мардак шав иқа налес. Мо протифи ободи деҳай хдмон нестем, неки на ба ин ҳол, ки ҳам налог супорему ҳам худамон обод кунем. Хай ина метонӣ ҳоҷӣ Амрулло ба мардум гуй, ки як сола налоготона наспоред, мо хдмон роҳҳоямонро обод кадестем. Агар мардак боши бгу ҳамин гапа ҳозир.

Ин чоплус сум ҷам  кадестай. Бояд мактаб рост кунан ва худша да пеши калоно нишон диҳад, ки чи хел метона лесида. Ҳамаи праблемоҳот мактаби 13 да. Калаи  мардумай ай лампучка сар када то насоси обкашӣ ва печка барои гармшавӣ синфхонаҳо, ҳамаша ай  пули муҳоҷиро мегиран ва ин директори мактабмон Шарипов Давлат изо накашида доимо да группа мега, ки лампучкаҳои калидоро сухтан сум рои кнен, насос бхарем, сум рои кнен печка бхарем. Синфхонаҳо хунукай охи! Эй Шарипов Давлат ту иқа талабаҳои бечорара сум мефармӣ ба ҳар баҳона, изо намекашӣ? Ҳақи кудакой мардума хурдестӣ. Соли гузашта ай синфҳои болой барои наврузӣ пул ҷамъ кнен гуфта гирифтию да кисаш заду рузи наврузӣ шуд калтакро гирифтию модартона фалон  кунум гуфтишон, ай саҳни мактаб пешон кадӣ».

Дар охир гуфтаниам, ки шербачаҳои Чорсу дар муқобили ин шайтонҳо хомӯш набошед!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №198 появились сначала на ISLOH.net.

Заминфурӯшӣ!!!!- Шуғли пурдаромади раис,прокурор ва раиси суд дар Файзобод буд ва мемонад
Ҳолати имрӯзаи Тоҷикистон, махсусан масъалаи фурӯши замин ба баҳонаи додани участкаи наздиҳавлигӣ дар ин матлабе, ки аз як нафар муаллифи ҳамешагии «Ислоҳ» ба дасти мо расид, хело ҳам дуруст мунъакис шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,интизомӣ ва нозири қонун як шайкаи дуздонро дар Файзобод (ва на танҳо дар ин ноҳия) ташкил карда барои худ посредникҳо пайдо крада замину замони мардумро фурухтанду фурӯхта истодаанд. Ҳатто саҳнаи биноиҳои маъмуриро барои сохтмони манзил ва участкаи наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон фурӯхта истодаанд.

Мушкилоти тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, агар возеҳу рушантар бигуем масъалаи заминфурӯшӣ на як бору ду бор дар ҷаласаҳои ҳукумати Раҳмонов баҳсу баррасӣ шуда ва ҳатто бархе аз масъулон барои иртикоби заминфурушӣ дастгир ва зиндонӣ ҳам шуданд, аммо то ба имрӯз ҳал намешавад. Чаро? Посухи ин суол пеши ҳар як сокини Тоҷикистон ҳаст, аммо дар ин нома муфассалтар ва рушантар баён шудааст:

Ассалому алейкум бародари ғамхори миллати тоҷик Муҳаммадиқболи Садриддин! Ҳар як шахсе, ки дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» суханҳои ҳақонӣ ва воқеиро аз ноҳияи худ мешунавад  мефаҳмад, ки дар ҳақиқат Шумо ҳарф ва дарди дили мардумро мегуед. Чунки он чизе, ки Шумо менависеду мегуед дар ҳамон хел ҳолат дар ноҳия ҳаст ва мардумро зурашон меояд ба Шумо менависан, чунки  дигар чое надоранд барои навиштан.

Ман аз ноҳияи Файзободам. Маълумоти олӣ дорам ва чандин сол дар чанд корхонаи давлатӣ кор кардаам. Аз сабаби кам будани маош тули чандин сол аст, ки ба мусофиркашӣ машғулам ва ин қадар солҳо ба мардум хизмат мекунам.  Мардумро аз Файзобод ба Душанбе  ва аз Душанбе ба Файзобод оварда дар як рӯз се чор бор рафта меоям ва бо ҳамин зиндагиамро пеш мебарам. Аз Файзобод ба Душанбе  як соата роҳ аст. Ва мардум ҳам аз ин тараф ва ҳам аз он тараф аз дасти  чанд ҳаромхур- кормандони мақомоти ба ном ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Файзобод шикоят карда гиря мекунанд. Мегуянд, ки ба дод омадаанд. Намедонанд ба куҷо шикоят кунанд. Чунки ҳар ҳар куҷо, ки шикоят ё ариза мекунанд, боз шикояташонро ба ҳамин ноҳия равон мекунанд ва табиист, ки ягон чорае дида намешавад. Баракс, ин ҳаромхурҳо аз болои мо шикоят кардӣ, гуфта аз бурда овардан безор мекунанд ва бо ҳолате мерасонанд, худат аз шикояти кардаат пул дода даст мекашӣ, ки худатро аз дасти ин порахурҳо раҳо диҳӣ ва ман ин шикоятҳои мардумро шунида ва он чизҳои дар ноҳияи Файзобод руй додаро дида ҳар рӯз ғамгин мешавам ва аз дастам ҳеҷ чизе намеояд ба ҷуз ба Шумо ин гапҳоро навиштан. Шояд мақомоти болоӣ ин корҳоро шунида коре бикунанд.

Ман  ин номаро ба Шумо пештар навистанӣ будам, лекин номҳои ин порахурҳо ва ҳаромхурҳоро ба пурагӣ муайян карда баъдан навистам. Ман аз корҳои порахурӣ ва ҳаромхурии як чанд корманди ба ном мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Файзобод гуфтаниам. Солҳое, ки Шумо дар бораи собиқ  раиси ноҳияи Файзобод Раҷабзода Миралӣ ва собиқ кормандони ҳифзи ҳуқуқи Файзобод барномаҳои беҳтарине карда будед, ки ҳамаи он гапҳо рост буд. Мисли ҳозира ҳоли мардумро хело ҳам бад карда буданд. Пас аз барномаҳои Шумо бисёрии он кормандонро аз кор гирифта ба дигар ҷойҳо равон карда қисме аз онҳо ба Русия фирор карда буданд ва ноҳияи Файзобод хело тинҷ шуда буд. Вале пас аз якуним -ду сол гузаштан боз ҳамон корҳое, ки корманди амниятӣ ба Шумо навишта буд ва Шумо барнома карда будед боз ҳамон корҳо сар шуд. Дар ҳамон барномае, ки корманди амниятӣ навишта буд, Шумо дар бораи Наҷмиддинзода Наврӯз ном шахс корманди милитсия  сардори тафтишоти ноҳияи Файзобод гуфта будед, ки дар ҳамон вақт ҳамаи онҳоеро, ки Шумо номбар кардед, аз кор гирифтанду ин ҳаромхури бадбахт то ҳол кор карда истодааст. Пас аз он барнома каме шасташ паст шуда буд. Боз пас аз як соли барнома то ҳоло ҳам хуни мардумро хурда рӯз то рӯз бадтар шуда истодааст. Наҷмиддинзода Наврӯз бо ҳамроҳии уголовний розискҳо як гурӯҳе ташкил кардааст, ки духтарони ноболиғи мактабхоне,ки бо ягон писар гап мезананд, онҳоро бо он писар қапида метарсонанд, ки туро бурда балнитса проверка ва падару модаратро ҷарима мекунем. Ба ҳамин роҳ онҳоро тарс дода ба доми худ афтонда худаш бо уголовний розискҳо аввал истифодаашон мекунанд, баъдан  бачаҳое, ки аз Русия ба Тоҷикистон меоянд ба назди онҳо духтарони ноболиғро равон карда онҳо шинос мешаванд ва пас аз шиносои ҳангоме, ки онҳо дар ягон ҷо тоқа шуда ҳамхоба мешаванд рафта онҳоро қапида маблағҳои калонашонро мегиранд. Боз ин гурӯҳ бо худ бузҳое доранд, ки кадом шахсе аз  Русия омадаасту пули хуб овардааст ба назди онҳо ин бузҳояшонро равон мекунанд. Ин бузҳо ба ин бача ҷанг мекобанд ӯро ҳар гапҳои ношоиста мегуяд. Вай ӯро ягонто мезанад, ӯро гирифта ба отдел бурда маблағи калонашро канда ҷавобаш медиҳанд. Агар пул надиҳад делааш карда резултаташ мекунанд. Боз Наҷмиддинзода Наврӯз бо Шарипова Хайринисо, Бобиева Зебо, Рухшона Шарипова, ки инҳо апаву хоҳарҳо мебошанд инҳоро авлоди Люба ҳам мегуянд чунки тули солҳои зиёд аст ки ба духтарфурушӣ ва ба %қарз додан машғуланд, ки инҳоро Наҷмиддинзода Наврӯз пуштибонӣ мекунад.

Шахсоне, ки ин апаву хохарон ба онҳо под% қарз медиҳанд, агар сари вақт қарзро надиҳанд онҳоро ба отдел оварда маблағи ҳам қарз ва фоизҳояшро меситонанд. Боз се- чор ҳазор долари дигарашро гирифта баъд ҷавобаш медиҳанд. Агар пули гуфтаашонро надиҳад мошшеник гуфта  делояш мекунанд ва бурда паси панҷара мешинонанд, ки ин корҳоро апаву хоҳарҳо 10-15 сол шуд бо кормандони  милитсия муташаккилона мекунанд. Ҳоло бошад бо Наҷмиддинзода Наврӯз ҳамин корро панҷ- шаш сол шуд карда истодаанд. Ин апаву хохарон ба як зан ба номи Латипова Фазила ҳашт ҳазор сомонӣ дода ӯро протсент баста то 208 ҳазор сомонӣ талаб кардаанд, ки ӯ надодааст. Ӯро ба воситаи сардори тафтишот Наврӯз бо туҳмат мошшеник гуфта дело кардаанд. Латипова Фазила ба прокуратураи ноҳияи Файзобод барои ин корҳо аз руи Наврӯз шикоят мекунад, ки ҳеҷ коре намекунанд. Чунки худи прокурори Файзобод Наврӯзро пуштибонӣ ва нигоҳ мекунад. Баъдан ба Бомдод ТВ аз руи кормандони милитсия, прокуратура ва суди  Файзобод  моҳи июли соли 2023 шикоят кардааст, ки номи барнома дар Бомдод.ТВ  «Дод аз дасти протсент, қоришкамбаҳои асри 21» буд ки пас аз ин шикояташ ҳамаи мақомоти Файзобод якҷоя шуда бо туҳмати ин апаву хоҳарон ӯро, ки се фарзанди хурдсол дошт ба мудати 8 сол равонаи зиндон карданд. Вай ягон гуноҳе надошт. Гуноҳи вай дар он буд, ки аз руи кормандони милисаи Файзобод ба «Бомдод.сом» шикоят кардааст. Боз ин апаву хоҳарон Бобиева Зебо мехостан, ки бо роҳи зури ба воситаи Наҷмидинзода Наврӯз ва шиносҳояшон хонаи Бобиев Латиф ва Камолова Ҳуснигулро гирад ва рафта онҳоро дар хонаашон лату куб кардаанд, ки Камолова Ҳуснигул ва Бобиев Латиф оиди ин ҳолат ба кормандони милитсия ва прокуратураи ноҳия шикоят карданд, ки ин апаву хоҳарон пулро доданд. Онҳоро ҳеҷ чиз нагуфта худи Бобиев Латиф ва  Камолова Ҳуснигулро дела карданд, ки Камолова Ҳуснигул ва Бобиев Латиф ба радиои Озодӣ рафта аз болои мақомоти милитсия, прокуратура ва суди Файзобод шикоят кардаанд. Номи барнома дар радиои Озодӣ «Модар келини собиқи хонаводаро ба лату куби фарзандаш муттаҳам мекунад», ки ин барнома моҳи июли соли 2023 нашр шуда буд. Камолова ва Бобиевро барои ин шикояташон дело карда ҷазо доданашон, ки дигарҳоро тарсонанд, ки дигар ба ягон барномаҳо ва ягон ҷой шикоят накунанд. Агар шикоят кунанд мисли ҳаминҳо паси панҷара мераванд.

Танҳо дар як сол ин апаву хоҳарон сари се касро хурда равонаи зиндон карда худашон гуё дар ҳама ҳолат бе гуноҳанд дар назди мақомоти ҳифзи хуқуқи Файзобод. Чунки ба ҳама мақомот пулро ғафс медиҳанду корашонро буд мекунанд. Дар ҳамаи мақомоти Файзобод инхо дело доранд, ариза мекунанд ва кор ба тарафи инҳо ҳал мешавад. Ягон касе омада фамилияву номи инҳоро дар чанд соли охир кофта барорад зиёда аз сад аризаву делаҳои зиёде мебарояд. Наҷмидинзода Наврӯз мисли бекорон кораш аз саҳар то бегоҳӣ дар маркази ноҳия ба мошинаш таҳу боло чарх задан аст. Ҳар рӯз ба ҳар мошин мегардад. Вай кай корҳояшро мекарда бошад? Ягон кас ӯро барои дар кор набуданаш ҳеҷ чиз намегуфта бошад?.  Ин Наҷчмиддинзода Наврӯз, сардори тафтишоти Файзобод ба воситаи як духтари ноболиғе, ки бачаҳоро подставит мекард, ки ин духтар аз синфи шаш -ҳафтумаш бероҳагардӣ мекард ва ҳамаи бачаҳои Файзобод ба ӯ хобу хез кардаанд, ба ӯ ошиқ шуда ҳоло ӯро зани дуюми худ кардааст.

Сардори тафтишоти ноҳияи Файзобод Наврӯз доимо мошинаш дар пеши прокуратураи ноҳияи Файзобод ё суди ноҳияи Файзобод аст. Ҳамаи корҳояшро ба воситаи прокурори калони ноҳияи Файзобод ва раиси суди ноҳияи Файзобод ҳал мекунад. Кормандони милитсияи ноҳияи Файзобод мегуянд, ки ин Наврӯзро ҳатто сардори милитсияи ноҳияи Файзобод ҳеҷ чиз гуфта наметавонад, чунки ӯ одами прокурори калони Файзобод  Миралӣ Хусрави Амиршо  аст. Ҳамаи корро ба воситаи ҳамин ҳалу фасл  мекунад ва аз сари ҳамон маблағ ягон суме ба сардори милитсия медиҳад, тамом. Ин Наврӯз бениҳоят баднафс аст ва руирост одамони корафтодаро қабул карда гап мезанад барои андак кор чор- панҷ ҳазор доллар талаб мекунад. Агар кори вазнинтар бошад даҳ- бист ҳазор доллар талаб мекунад. Боз худаш мегуяд, ки ин маблағ барои ман тоқа нест. Аз ин маблағ панҷоҳ фоизашро прокурори калони ноҳия мегирад, бист фоизашро сардори милитсия ва бист фоизи дигарашро раиси суд, танҳо даҳ фоизаш ба ман мемонад. Мо ин маблағатро мегирему як парвандаи маъмуриат мекунем, 5 ё 10 сутка мешинонемат, ҷавобат медиҳем ба ҳамин тамом. «Агар ин маблағро надиҳӣ делаат мекунем, панҷ-шаш сол паси панҷара меравӣ бо модам резултат мешавад, фармони вазираи ,ки резултат нишон бтен».

Ин сардори тафтишоти ноҳияи Файзобод Наврӯз фақат аз номи прокурори калони Файзобод Хусрави Миралӣ гап мезадааст ва мегуфтааст, ки ин прокурори калон данғарагӣ, ҳамсояи Ҷаноб будааст дар Данғара. Падараш рафики ҷаноб аст. Генералний прокурор Юсуф Раҳмон шогирди падараш аст. Ҳамаи коркунони калони Тоҷикистонро мешиносад. Худаш ҳам беҳад сумдори калон аст. Чи коре хоҳад мекунад:

«ира ҳиҷка ҳичи гуфта наметона, лубой кора ҳал када метона, агар суми гуфтагиша битиша, ҳамаи корои мара ҳами ҳал мекна, сумша мегира бо чи проблемае шава хидиш ҳал мекна, суми калон мегира неке канкретна лубой кора ҳал мекна».

Аз соли 2020 ки Миралӣ Хусрави Амиршоро ба ин вазифа таъингардид ҳамаи мақомоти Файзобод комилан расво шуд. Пулро медиҳанд, дигар чи коре хоҳанд мекунанд ва худи Наврӯз дар ҳамаи ҷо лоф зада  мегуфтааст, ки «прокурори калон Миралӣ Хусрави Амиршо мада волия додагияй. Мега ҳами чанд суме гуфтим ҳамухе гир биёр. Усуша ма ҳал мекним чи коре бошад. Сум намедодагиша резултатиш кун, делаш кун, рава куҷое шикоят мекна кадан гирад. Касе чизе мега мара гу ма ҳалиш мекнум. То вақте ма ҳамиҷадаюм тра ҳиҷка ҳеҷчи гуфта наметона. Чикоре маҳқулайта ҳамухе кун, ма гапзанша фалон кардагиюм».

Кадом шахсеро дар ноҳия ба кадом коре қапанд рост ба пеши Наврӯз меравад. Наврӯз маблағи корро мегуяд, бурда медиҳӣ кор ҳал. Агар одам кушта бошӣ, пулашро деҳ ҳал мекунанд, агар пул надиҳӣ барои як шапалоқ мебаранд маҳкамат мекунанд.  Миралӣ Хусрави Амиршо аз 26 уми май соли 2020  ба Файзобод омад ҳаромхуриро сар кард. Ба воситаи ду коргараш Мазоризода Фаррух ва Саидзода Суҳроб мардумро ба дод овардаанд. Мазоризода Фаррух ба кормандони замин ва ҳукмат фармон додааст, ки заминҳои одамонро чен карда кадом шахсе замини зиёдатӣ дорад ё дар замини зиёдатӣ ғайриқонунӣ сохтмон кардааст ба пеши ӯ ҳуҷҷат карда биоранд ва Мазоризода Фаррух онҳоро ба назди худ даъват ва суҳбат карда барои корашон ҳал шудан маблағашро мегуяд. Агар маблағро оварда диҳанд ба кормандони ҳукумат фармон медиҳад, ки ҳуҷчатхояшро дуруст карда диҳанд. Агар ӯ аз додани маблағи талабкардаи Мазоризода Фаррух даст кашанд, надиҳанд онҳоро барои ғайриқонунӣ сохтмон кардан дело мекунанд, ҷаримаи калонашон мекунанд, боз чи сохтмоне кардааст, чапааш мекунанд. Кадом шахсоне, ки замини зиёдатӣ доранд ба ҳукумат мераванд барои қарор гирифтан.

Аммо кормандони ҳукумат ӯро мегуянд авал рафта бо  Мазоризода Фаррух ҳал кун, биё мо он тарафашро ҳал мекунем. Пеши Мазоризода Фарух мераванд маслиҳат мекунанд: 15 ҳазор сомонӣ медиҳӣ Мазоризода Фаррух ба кормандони ҳукумат ва Кумитаи замин фармон медиҳад дар як моҳ қарорро бароварда медиҳанд. Агар дар замини беқарор хонаҳоро пеш сохта бошӣ, сохтмон куҳна бошад, ду ҳазор доллар медиҳӣ ҳамаашро ҳал карда медиҳанд. Агар дар замини беқарор гарчанде ҳавлии худат аст, аз пеш инро истифода мебарӣ, сохтмони нав карда бошӣ, тамом панҷ ҳазор доллар медиҳӣ баъд ҷонат халос мешавад. Агар надиҳӣ делоят мекунанд, ҷаримаи калонат мекунанд ва сохтмонатро чаппа мекунанд. Ҳатто агар як ваҷаб девори хонаат берун бошад тамом. Агар маблағи гуфтаашонро диҳӣ ҳамаашро документ карда медиҳанд, агар маблағи гуфтаашонро надиҳӣ делоят мекунанд ҷаримаат мекунанд, деворро чапа мекунанд. Кадом шахсоне маблағи калон доранд барои қарор гирифтан ба ҳукумат нею ба пеши Мазоризода Фаррух мераванд.

Чунки пули калон гирифта фармон медиҳад корро дар як моҳ хал мекунанд. Агар ба воситаи кормандони ҳукумат қарорро гирӣ ҳам пулатро мегиранд, боз қариб як сол давонда баъдан коратро буд мекунанд. Барои афви хонаҳо кадом шахсоне, ки ҳуҷҷатҳояшонро ба воситаи ҳукмат дуруст кардаанд, ҳамаи он ҳуҷҷаитҳоро Мазоризода Фаррух аз ҳукумат гирифта одамонро бурда меорад то аз ҳар яктои онҳо ду- се ҳазор сомонӣ нагирад ҳуҷҷатҳои шумо нодуруст аст гуфта онҳоро ғам медиҳад. Агар пулро додӣ ҳуҷҷат дуруст мешавад, дигар ҳеҷ чиз намегуяд. Ҳамаи соҳибкорҳои калони ноҳия ҳар моҳ ба ӯ маблағ медиҳанд барои ба прокурори калон расонидан. Ҳамаи аризаҳои руғаниро прокурори калони ноҳия ба Саидзода Суҳроб медодааст ва ӯ ин шахсонро ҷеғ зада «дела мекунам, мешинонамат» гуфта тарс медодааст ва аз онҳо маблағи калон гирифта корҳоро ҳал мекардааст. Агар кадоме аз онҳо пул надиҳад ӯро дело карда резултат мекардааст. Ин ду ҳаромхур Мазоризода Фаррух ва Саидзода Суҳроб тули панҷ- шаш сол аст дар прокуратураи Файзобод кор карда ба ҳаромхурӣ машғуланд. Лекин аз вақти ин прокурори данғарагӣ Миралӣ Хусрави Амиршо омадан якбора расво шуда руирост маблағҳои калон талаб карда мардумро озор дода истодаанд.

Кори ин ҳаромхурҳо танҳо одамони камбағалро дело карда резултат нишон додан  вале аз дигар ҷинояткорони асосӣ пул гирифта корашонро ҳал кардан аст. Ин прокурори калон Миралӣ Хусрави Амиршо аз аввали омаданаш ҳаромхуриро сар карда буд. Ҳамон вакте ки ӯ нав ба кор омад, собиқ раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ноҳияро расво карда буд. Ҳамаи заминҳои маркази ноҳияро ғайриқонунӣ қарор бароварда, заминҳои идораи пожарни, заминхои стоянкаи мошинҳо, заминҳои пеши домҳо, ки красная линия  мебошад, байни домҳо, ки раҳи пожарни ва мошинҳо буданд  маблағ гирифта ҷои сохтмони биноҳо, мағозаҳо ва дигар чизҳо дода буд. Дар мавриди ҷиноятҳои ӯ Ислоҳ барномаи хубе карда буд,ки Ноҳия ҷунбида буд пас аз он. Барои ҳамин қарорҳои ғайриқонунияш,ки шумо бо фактҳо гуфта будед аз кор гирифтанаш ва ҳангоме, ки ӯро аз кор гирифтанд, ин прокурори навро ба кор монданд ва мардуме, ки пеши доми онҳо, пеши мағозаҳои онҳоро ва роҳҳои красная линия ва роҳҳои пожарние, ки ҳамаро он раиси ҳаромхур тақсим карда буд мардум хостанд, ки он қарорҳои ғайриқонунӣ бекор карда шуда дар ин заминҳо сохтмон карда нашавад, чунки дар он вақт онҳо нав сохтмонро сар карда буданд як хелаш ҳоло сар накарда буд. Лекин ин прокурор Миралӣ Хусрави Амиршо аз ҳама он соҳибкороне, ки ин заминҳоро гирифта буданд ба воситаи  ёрдамчиаш Мазоризода Фаррух ба пеши худ фарёд карда ба воситаи Мазоризода Фаррух аз ҳар яки онҳо маблағҳои калон гирифта ягон қарори ғайриқонуниро бекор накарда ҳамаи он шахсон дар ҷойҳои ғайриқонунӣ  сохтмонҳояшонро карданд.  Якум қарор ва сохтмони ғайриқонунӣ ин пеш аз мағозаҳои чанорогиҳо доми пеши мактаб, ки онҷо аввал стоянкаи мошинҳо барои мағозаҳо ва истиқоматкунандагони дом буд онро собиқ раиси ноҳия  Раҷабзода Миралӣ маблағи калон гирифта  ба Дустмурод гуфтанӣ шахс, ин заминро барои сохтмони се ошёна мағоза дод ки ӯ пеш аз ин мағозаҳо ва дом мағозаи се ошёна сохта пеши онҳоро пурра маҳкам кард ва онҳо ба тамоми ҷой навиштанд аз дасташон ҳеҷ чизе наомад. Барои онки прокурори ноҳия Миралӣ Хусрави Амиршо пули калонро гирифта корашро ҳал кард. Чунки ба куҷое соҳибони мағоза ва мардуми дом навиштанд аммо ҳамаашро ба прокуратураи ноҳияи Файзобод гашта равон карданд, корро прокурори ноҳия ҳал кард. Дигар қарори ғайриқонуниаш ин заминҳои гирду атрофи универмаги ноҳия буд, ки он заминҳоям замини стоянкаи мошинҳо ва роҳи пожарнии унверсами нохия буд. Собиқ раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ бо сардори Тоҷикматлуботи ноҳия Ҳадиса ин заминҳоро ба Зафар, Шамсиддин ва Абу фурухтанд, ки ҳамаи онҳо ба прокурори ноҳия Миралӣ Хусрави Амиршо пули калон дода сохтмонҳои ду се ошёнаӣ карданд.

Дигар қарори ғайриқонунии собиқ раиси ноҳия ин замини пеши артел аст. Замини   пеши як корхонаро ба дигаре додан мумкин нест ва пеши корхона сохтмон кардан мумкин нест. Замини саҳни корхонаи артели ноҳияро ба як хешовандаш Бурҳон гуфтанӣ шахс дода буд. Соҳиби артел ба тамоми ҷо шикоят кард, собиқ раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ҳатто таҳдидаш кард, ки агар шикоятатро давом диҳӣ корхонаҳоятро аз налог қарздор карда мегирем вай тарсида дигар даъво накарда ба ғаму андуҳи худ аз дунё гузашт ва дар пеши ин иморат боз доми баландошиёна сохтанд ва инро ҳам прокурор пули калон гирифта ягон кор накард. Боз ҳамин хел ду сохтмони дигар дар байни ду дом сохтанд, ки онҷо ҳам раҳи пожарний ҳам раҳи мошин буд, ки онҷоро ҳам прокурори   ноҳия пул гирифта ягон кор накард. Онҷо ҳам сохтмонашро карданд. Боз ҳамаи ҳамин сохтмонҳое, ки дар боло гуфта гузаштам ғайриқонунӣ ва бесифат аст ва ба ягон стандарт ҷавобгу набудаҳоро, ки агар як шамоли сахт шавад чапа мешавад ба воситаи ёрдамчиаш Мазоризода Фаррух пули калон гирифта ҳатто ҳамаи ҳуҷҷатҳояшонро ба воситаи ҳукумат  пас аз сохтмони иморатҳо дар афви амволи қонунигардонии ин сохтмонҳо дуруст карданд. Бо ин корҳояшон ҳусни ноҳияро бениҳоят безеб карданд ва ҳоло дар ноҳияи ҷойи мошин мондан нест.  Ҳама стоянкаҳо дар ҷояш сохтмон шудааст. Ҳатто автовакзали ноҳияро ҳам ҷои сохтмони манзили истиқоматӣ додаанд, ки дар онҷо сохтмон рафта истодааст. Дар тамоми ҷойҳо барои як бинои баланд ошёна сохтан бояд пеши он бино плошадкаи бозии кудакона дошта бошад, дар таги дом подвалаш ҷои мошинмонӣ дошта бошад, лекин дар  Файзобод чанд сотике замин бошад дар ҳамаи он сохтмон карда подвал ва якум ошёнаро мағоза карда ба маблағи қимат фурухта дигарашро хона карда мефурушанд. Дар ин домҳо на стоянкаи мошин на ҷои бозии кудакон дида намешавад. Аз ин сабаб дар маркази ноҳия ҷои мошин мондан намеёбӣ. Ҳатто як вақт гуфтанд як домсози ноҳия Бурҳон ба прокурор ва раиси суди ноҳия маслиҳат карда дар дигар ҷой ба онҳо бинои прокуратура ва суд сохта заминҳои прокуратура ва суд, ки дар маркази ноҳия  ҷойгир аст дар ҷойи онҳо хонаҳои баландошёна ва мағозаҳо месозад ва дарин домҳо ба прокурор ва раиси суд як хонагӣ медиҳад. Прокурор ва раиси суд барои иҷозати ин кор ба калонҳояшон суҳбат мекунанд, ки аз боло иҷозат дода намешавад. Ин ду баднафс прокурор ва раиси суди ноҳияи Файзобод ҳатто бар ивази пул розианд, ки заминҳои мақомоти ҳукумати ноҳияро фурушанд. Ҳамаи раисони ноҳияҳо ҳаромхурӣ мекарданд, лекин ин Раҷабзода Миралӣ дар аввал омада як ду чароғак часпонда ободӣ карда баъдан ҳамаи маркази ноҳияро заминҳояшро фурӯхта маркази ноҳияро ин чупони Нуриддини Раҳмонов расво карда рафт, ки то ҳол мардум аз кори кардаи ин шахс зарар дида истодаанд.

Агар прокурори поквиҷдоне мебуд нафси бади худро қапида ин қарорҳои додаи ӯро бекор карда намегузошт, ки дар он ҷойҳо сохтмонҳои ғайриқонунӣ карда шавад. Ва ин кор ҳам ба мардум дарс мешуд, ки ҷойҳои ғайриқонуниро намегирифтанд ҳам ба раисони ноҳия дарс мешуд, ки қарорҳои ғайриқонунӣ намебарованданд. Агар ҳамин сохтмонҳои дар боло номбаркардаи ман аз ягон шахсони бе пушту паноҳ мешуд, пас аз сохтмонаш ҳам онҳоро ҳамаашро чапа мекарданд.

Раиси суди ноҳия ҳам як коррупсионери дигар

Боз як порахури дигар ин раиси суди ноҳияи Файзобод Холиқзода Бахтиёр Ҳайдар мебошад, ки мардум аз ин ҳам бениҳоят зиёд шикоят мекунанд. Холиқзода Бахтиёр Ҳайдар  аз 2 уми феврали соли 2020 аз муовинияти суди Ваҳдат озод карда шуду раиси суди Ноҳияи Файзобод таъин гардид кор ба вахомати шадид печид. Аз оғози кораш адвокатҳои ноҳияро ҳангоми ба ягонҷо бурдан аз ин ҳаромхур шикоят мекунанд.  Аз рӯзе ин коррупсионери Холиқзода Бахтиёр Ҳайдар ба вазифаи раиси суди Файзобод омадааст, барои танҳо аз ЗАГС ҷудо кардан панҷ ҳазор сомонӣ мегирад. Агар ин маблағро надиҳӣ шаш моҳ муҳлат медиҳад. Пас аз шаш моҳ меоӣ мегуянд ду ҳазор сомонӣ деҳ, баъд ҷудо мекунем. Агар пул надиҳӣ ЗАГС-ро ҷудо намекунад. Мегуяд рафта аз сари нав ариза кун. Агар панҷ ҳазор сомонии гуфтагиашро диҳӣ дар як моҳ ЗАГСатро ҷудо мекунад. Хоҳи боз тезтар ҷудо кунӣ ҳашт хазор сомонӣ медиҳӣ дар як рӯз ҷудо карда медиҳад. Агар ЗАГСатро дуруғакӣ барои шаҳрвандии Русия гирифтан ҷудо кунӣ даҳ ҳазор сомонӣ медиҳӣ дар як рӯз ҷудо карда медиҳад.Боз дар вазорати адлия тасдиқ карда медиҳанд агар 10 ҳазор сомонӣ диҳед. Барои дар 17 солагӣ хоҳӣ духтаратро шавҳар диҳӣ як сол солашро калонкунӣ барои ин ҳафт ҳазор сомонӣ медиҳӣ, баъд як сол калон мекунад. Агар ин пулро надиҳӣ ҳатто аризаатро қабул намекунад. Мегуяд аз боло фармон шудагӣ аст, мумкин нест духтаронро дар 17 солагӣ шавҳар додан. Баъде,ки ҳафт ҳазор сомониро медиҳӣ мумкин мешавад ва дар як рӯз коратро буд карда медиҳанд. Агар панҷ ҳазор сомони диҳӣ дар як ҳафта коратро буд карда медиҳанд рафта туятро мекунӣ. Агар пул доди лозим шавад дар 16 солагӣ духтарро 18 сола карда метияд. Суди Файзободро Холиқзода Бахтиёр Ҳайдар мисли бозор кардааст , пул дори корат ҳал аст. Барои ягон  корро масалан шахсе, ки дар маҳбас маҳкам аст, барои ӯро ҷарима карда озод кардан аз ҳаво гап мезана: панҷ ҳазор доллар, даҳ  ҳазор доллар гап мезанад. То пулро надиҳӣ коратро буд намекунад, судро ранги бозор кардааст, то пул надиҳӣ корат ҳал намешавад. Дар пушти дараш як занаст номаш Муқаддас ҳама пулро ба дасти у мегирад. Касе чи коре дорад пеши ҳамин Муқаддас меравад пулашро медиҳад, корашро ҳал мекунад. Барои литсензия ГАИҳо праваатро гиранд меравӣ ҳазор сомонӣ мегуянд биёр баъд коратро ҳал мекунем. Пеш дар дусад -сесад сомонӣ мегирифтӣ. Аз вақте ин аждаҳор омад, ҳама қимат шуд. Раиси суди Файзобод Холиқзода Бахтиёр Ҳайдар сахт порахур аст. Кадом духтаре, ки кораш ба суд афтад бинад, ки каме хушру аст корашро худаш мегирад ва то «кораш»-ро бо он духтар ҳал накунад, корашро ҳал намекунад. Ҳоло ин раиси суди ҳаромхур аз ин пулҳо сер накарда мегуянд, як параи бинои судро, ки дар онҷо як будкаи ходокфурушӣ ҳаст онҷоро ба номи дигар кас ҳуҷҷат карда гирифта дар онҷо мағозаҳо сохта фурухтанӣ будааст.

Ягона мақомоте, ки дар ноҳия ҳоло ҳаромхурӣ намекунад ин амнияти ноҳия аст, чунки кормандони ин идораро тез- тез иваз мешаванд аз болои онҳо шикоят кам аст. Агарчи зулми кормандони КДАМ нисбати мардум кам нест, туҳмат ва бо моддаҳои популярни шинондани ҷавонон ва бастани масҷидҳо ғамдодани мулоҳо вуҷуд дорад,ки ин дар ҳама кишвар вуҷуд дорад..

Аммо кормандони ҳаромхури ГАИ дилу ҷигари мардумро хурдаанд. Инҳо ҳамааш харомхуран, ягон шахсро рӯз намедиҳанд кор кунанд. Дар роҳ дар шаш ҷо радар меистад. Барои як повишений скорост то чил –панчоҳ сомонӣ нагиранд, ҷавоб намедиҳанд, ки дар ҳамаҷо ба даҳ- бист сомонӣ ҷавоб медиҳанд. Аз мақомоти болои хохиши зиёд дорем, ки омада мақомоти Файзободро ҷиддӣ тафтиш кунанд, на ин ки омада ташкилиро хурда пора гирифта раванд. Нафарони поквиҷдон як нафар аз дастгоҳи президент, як нафар аз Генералний прокуратура, як нафар аз Коррупсия, як нафар аз Суди олӣ, як нафар аз МВД-и республика омада ҳар як мақомотро даҳ рӯзи пурра ду- се соли охирро тафтиш кунанд ва барои корҳои ғайриқонунии кардаашон ҷазояшонро диҳанд.

Сабаби ба «Ислоҳ» навиштани моро фаҳмед. Хуб медонед,ки ҳар куҷо ариза навишти ва ё шикоят кунед ҳатман шахси аризанависро бо туҳмат зиндонӣ мекунед. Ягона роҳе ҳама ҷиноятҳои мақомотро метавонем гуем ин «Ислоҳ» аст. Агар дар Тоҷикистон расонае мебуд ва ё ниҳоди содиқ дар касбу корашон мебуданд аслан мо ба «Ислоҳ» наменавиштем.

Мо медонем,ки раиси Ноҳия Каримзода Мансур Тағой ,ки оғози соли 2024 ба ин мақом таъин гашта ва хело ҷавон асту ин мақомот ӯро аслан писандаш намекунанд. Ҳама инҳо гургҳои борондидаанду дорои кришаҳои боло.

Аммо афсус, ки ҳама дар коррупсия ва фасод ғутавараст. Боварамон кунед ин порахурон ончунон дар ҷони мардум задаанд,ки мардум ҳама корҳои инҳоро аз президент мебинанд,ки ӯ фармон медиҳад,ки мардумро ҳаминхел зулм кунед. Вақте барномаҳои мухолифонро мардум мебинанд дигар ҳеҷ шакку шубҳае боқӣ намемонад дар мардуме ин ҳамаро бо чашмонашон ҳар рӯз мебинанд. Лутфан чора бинед!

Сообщение Заминфурӯшӣ!!!!- Шуғли пурдаромади раис,прокурор ва раиси суд дар Файзобод буд ва мемонад появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №153
Вақтҳои ахир ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов боз як усули дигари пачақу пакар кардани мардумро руи даст гирифтааст. Аз ҳақ набигзарем, ки ин услубу усул пештар ҳам ба кор бурда мешуд вале дар ин авохир характери сартосарӣ касб карда ва ба як ҷузъи кори доимӣ ва муқаррарии мақомоти давлатӣ дар маҳалҳо бадал гаштааст. Ин ҳам бошад ба тавассути пули мардум сохтумони муассиса ва иншооти давлатӣ аст. Агар ба забони халқӣ бигуем Раҳмонов вазнашро бар болои мардум партофта истодааст. Вай дар ҳар баромаду суханрониҳояш соҳибкорони бонангу номуси мо, халқи ободгари гуфта гуё мардумро барои иҷрои корҳои хайр ташвиқ мекунад, аммо дар асл ва дар амал мардумро фиреб карда истодааст.

Яъне чи фиребе?

Гап дар бораи он аст ки аз чанд вақт ба ин тараф тамоми вазорату кумитаҳову оҷонсиҳову умуман ниҳодҳои буҷҷавии кишварро барои таъмини зиндагӣ ва маишату истироҳати аъзои оилааш вобаста кардааст. Пули бюҷети ин ниҳодҳоро зану духтару бачаву домодҳои Раҳмонов мегиранд. Ҳар кадоме аз ин ниҳодҳо муваззафанд охири ҳар моҳ пулҳои ҳангуфтеро, ки аз шашрақама зиёданд бурда ба онҳо бидиҳанд.

Ана барои ҳамин мақомоти маҳаллӣ аз мардум пул ҷамъ карда роҳҳоро мумфарш мекунад, барои канал ва ё насоси обкашӣ пул ҷамъ мекунад, барои сохтмони бемористон мактаб пул ҷамъ мекунад.

Пас савол пеш меояд, ки давлат куҷо рафт? Бинои ҳукумату парлумонро Хитой месозад, ҳукумат куҷо рафт? Чаро?

Дар як деҳа сокинон ба раиси шаҳр аз набуди мактаби замонавӣ ва шароити нобоби мактаби мавҷуда шикоят кардаанд. Чун мактабашон солҳои 40 сохта шудааст. Аз амният омадаанду масҷидро бастанду гуфтаанд, ки аввал барои мактабатон пул ҷамъ карда, худатон ҳашар карда чанд синфхона месозед баъд масҷид кушода мешавад. Дурусту дақиқ коре, ки дар Исфара ҳам иншабурӯзҳо доранд анҷом медиҳанд.

Исфара

Салом бародар. Ман як шаҳрванди Тоҷикистон, аз шаҳри Исфара, деҳаи Чилгазӣ Нафақахур мебошам. Ҳоло дар деҳаамон маъракаи кучаасфальткунӣ рафта истодааст. Раиси деҳа Баҳридин аз ҳама аҳолӣ ба маблағи 4000 сомонӣ маҷбурӣ ҷамъ намуда истодааст.

Ман 450 сомонӣ нафақа мегирам. Намедонам, ки ин 4000 сомониро аз куҷо медиҳам. Боз раиси маҳалла ба хонаамон омада таҳдид намуд, ки дар ҳолати надодани ин маблағ маро ба коргарони орган месупорад. Ман намедонам ин дарди худро ба ки гуям? Ин чи хел давлату давлатдорӣ?

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!Чанд сол аст ки Раҳмонов дигар Рӯзи Ваҳдатро танҳо худаш, бидуни тарафи дигар сулҳ ҷашн мегирад. Аслан ҳеҷ шарму ҳаё надорад ва худашро бо нодониву нофаҳмид мезанад, ки гуё сулҳ яктарафа мешуда бошад ва як тараф сулҳ карда бошад, манзурам ин ки аз тарафи дигари сулҳ тамоман ёдоварӣ намекунанд. Ман чи фикр дорам? Ва мардуми тоҷик дар ин маврид бояд чи кор кунад? Яъне роҳи мардуми тоҷик чӣ аст? Чи бояд кунад? Аз таҷлили ин ҷашн даст бикашад? Ба назари ман то омадани оппозитсия аз хориҷа ба ватан ҷашн гирифтани ин сана ягон маъно ва арзише надорад. Ин ҷашну ин сана ҳам ба як навъ минбари таблиғу ташвиқи Раҳмонов табдил шудааст. Моҳият ва маънои воқеъии худро гум кардааст. Бояд як чизро руирост бигуем. Бале, оппозитсия ҷанг кард барои онки ба ватан ояд. Аммо оппозитсияро ҳамин Раҳмонову пуштибонҳояш, Русияву Узбекистон маҷбур карданд,ки ҷанг кунад. Чунки онҳоро маҷбур карданд, ки тарки ватан намоянд. Онҳо мехостанд, ки тоҷикҳои ба Афғонистон паноҳ бурда барнагарданд. Аммо онҷо мардони баномус ва дилугурдадор даст ба мубориза заданд, токи ба ватанашон ояд ва дар хориву зиллати ғарибӣ намонанд. Оппозитсия ҷангро муқобили кӣ кард? Ҷангро муқобили Раҳмонов кард, чунки такрор ҳам шавад гуфтаниям, ки Раҳмонов намехост, ки мо баргардем. Раҳмонов ва лашкари гушнаву ташнаи ҳамроҳонаш дар хонаҳои мо омада шишт. Чизу чора надошт. Гушна буд. Омад ғасбу ишғол кард. Чизу чораамонро, то дегу кафлесамонро, то пиёлаву чойникамонро, то шалвору куртаву ҷомаи куҳнаамонро, то намату гилему курпаву лулаамонро ғорат карданду бурданд.

Раҳмонов аз оғоз то имрӯз ба аслу реша ва мағзу моҳият ва маънои дунёву уқбои мо проблема дорад ва душман аст. Ин ислом ва мусалмонии мост. Раҳмон аз мусалмонии мо сахт метарасд. Чун мусалмвон роҳу равишаш аз роҳу равиши Раҳмон дигар аст. Масалан Раҳмонов мисли хари ҳангӣ арақ мезанад, рост мемезад, зино мекунад, намоз намехонад, ба худо бовар надорад, ришу сатру ҳиҷобро бад мебинад. Хулоса, ҳар чизе, ки ҳар нишоне, ки хосият, хислат, сифат ва имтиёзу бартарии як мусалмон аст вай бад мебинад. Вай бо мо мусулмонҳо нест.

Шумо бигуед, ки дар Тоҷикистон боз кадом тоҷики дигар мисли Раҳмонов аст? Ҳарчизи мусалмониро бад медидагӣ одам ҳаст?

Роҳи мардуми тоҷик чӣ аст? Роҳи мардуми тоҷик халосӣ ва наҷот аз Раҳмон аст.

Мардум аз Раҳмон халос шаванд аввали дам соҳиби свет мешаванд, дуввум облава гум мешавад, сеюм иқтисоду молияи кишвар ва тиҷорат аз дасти оилаи Раҳмонов раҳо ва нархҳо арзон мешавад. Монополия аз байн меравад. Нархи билети ҳавопаймо арзон мешавад, чунки онро Тахмина ҳақи худашро дар болояш монда мефурушад, Ҳасан керосини самолетҳоро оварда севайно мефурушад, нархи права ва техпаспорт арзон мешавад, нархи лабораторияҳи беморхонаҳо арзон мешавад, чунки инҳоро Шамсуллои домоди Раҳмонов хусусӣ карда нархи худашро ҷорӣ кардааст. Бовар кунед, ки Раҳмонов либлука зарар, халал, масъала, мушкил ва душворӣ аст. Раҳмонов равад дар Тоҷикистон сулҳу оромишу субот барқарор мешавад. Бахудо Раҳмонов равад Тоҷикистон зуд обод мешавад.

Калуга

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман чанд бор дар прямой эфири шумо иштирок карда гап задаам. Аммо ҳозир прямой эфири шумо нест. Барои ҳмин навиштам. Ман дар бораи ду нафар тоҷики ҳамватанамон, ки бар муқобилли халқи худашон ҳастанд гуфтаниям. Яке онҳо Қаҳрамон ном дорад ва дигариаш Бунафша. Қаҳрамон дар мошини Ландкрузери сиёҳ мегардад. Дар ноҳияи Жуковскийи вилояти Калуга Бунафша ва Қаҳрамонро ФСБ барои посредникӣ ва ҳаромхуриаш дар паспортний стол қапид. Аз хонааш 9 миллион ёфтанд. Домашний арест карданд. Аз пушти инҳо халқи тоҷикро сахт проверка карда истодаанд. Бунафшаи ҳаромхур. Ин зан Собирҷонова Бунафша ном дорад, ки дар нишонии кучаи Чкалов, Дом 7 «а» ,дар ноҳияи Жуковский зиндагӣ мекунад. Ин зан бузи военкомати ноҳияи Жуковский ва кораш посредникӣ дар паспортний стол аст.

«На данный момент на территории Калужская области запретили выдовать паспорта иностраным гражданам. Но эта мразь решает своим путём вопрос. Её цена 300 000 рублей. Есть люди которые не могут выплатить эту сумму. Тогда она решает вопрос по другому. Угрожает военым комисариатом. Одни словом либо ты соглашаешся на 300 000 рублей или тебя заберут на войну. То есть она сама тебя туда даёт с потрахами. Есть люди которые не соглашаются ни в армию тогда она ставит по-другому вопрос говорит: дай мне тогда 250.000 и ты будешь освобождён от военкомата. Я прошу вас пожалуйста примите какие-нибудь меры. Не надо оставлять это просто так .А она пользуется на данный момент этим. Мы сейчас отправим вам фотографии её двух домов и машину.

Миллатаи Собирҷонова Бунафша тоҷик аз Конибодом. Агар мақомоти Тоҷикистон фаҳмад ин ҳамаро ба ҷанг роҳӣ мекунад. Буз аст.

Мардуми  тоҷик дар қапи ин зан наафтад эҳтиёт бошад. Ин занро ФСБ қапида аз хонааш 9 миллион ёфт. Ҳоло ба ҳабси хонагӣ гирифтаанд ӯро.

Конибодом

Ассалому алайкум додарҷон! Шумо ва аҳли оила ҳама хуб ҳастед?

Апаам мегуяд, ки ман метарсам. Одамашон бошад худашон биёянд, акс гиранд, ҳозир тафтиш рафта истодааст, метарсам акс бифиристам.

Ин номаи маро ҳатман хонед, ки ҳеҷ дар Тоҷикистон кас ба доди мо нáмерасад

Ман дар шаҳри Конибодом таввалуд шудаам ва дар Хуҷанд зиндагӣ мекунам. Моҳе як рӯз ду рӯз ба зодгоҳам Конибодом меравам. Се моҳ боз шаҳр ноором, дуздию куштор, мардум хоб намекунáнд шабҳо. Апаам дар мактаб омузгор шикоят мекунад, ки имрӯз меравӣ мактаб пул ҷамъ кунед, аз Душанбе наряд милиса овардем, бáрои таъмини онҳо бо меҳмонхона.

Хона мебиёӣ раиси маҳала пул ҷамъ кунем барои чароғи столбаҳо- шабона кучаҳоро барои равшан кардан. Кошки қапанд ин дуздҳову одамкушҳоро. Халқ нон надошта бошад ҳам дирами охиронашро бароварда медиҳад. Дируз (18.06) 3-и шаб буд дар куча ғулғула шуд баромадем кучаи Айни маҳаллаи Тезгузар

Мошини ми́лиса се нафар буданд. Пиён бýданд, ба девори ҳамсоя зада ба хавлиаш даромад. Давлати мо ҳамин хел дар кишварамон амниятамонро таъмин мекунад.

Дустӣ

Асалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!

Ман  аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки дар бораи як шахс  нависед ва ба миллат ва ба мардум ва ба ин давлат кӣ будани ӯро фаҳмонида диҳед ва кӣ будани ӯро бигзор ҳама донанд

Ин хоини миллату давлат Фаёзов Файзалӣ Гурезович мебошад, ки дар шаҳраки Гаравутӣ, ҷамоати 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Дустӣ (Ҷиликӯл) зиндагӣ  ва фаъолият мекунад.

Вай мардумро хеле зиёд фиреб кардааст. Яке аз ҷабрдидагон худи ман ҳастам. Вай аз мардуми шаҳраки Гаравутӣ пули зиёд гирифта ваъда медиҳад, ки заминҳои онҳоро мувофиқи қонун ҳуҷҷатгузорӣ мекунад, аммо то ҳоло ҳеҷ коре накардааст.

Ҳатто ба онҳо документҳои заминҳояшро намедиҳад ва мардумро мегӯяд «ба куҷое хоҳед равед шикоят кунед мо аз авлоди Ҷаноб ҳастем ва ба мо ҳеҷ кас ҳеҷ коре карда наметавонад» .Ҳатто боз таҳдид карда мегӯяд «агар ба касе гӯед фарзандҳоятонро ба хизмати ҳарбӣ равон мекунам

Агар дар шаҳрҳои Русия бошад дар он ҷо ҳам одам дорам ва онҳоро ба проблема дучор мекунам».

Ман аз ҷабри ин золим мешавад 3 сол ба назди оилаам рафта наметавонам. Чунки ба ман гуфта буд агар туро дар Тоҷикистон бинам туро ман худам ба дастони худам мекушам. То ин дараҷаҳо аз худ рафтааст.

Ман намедонам ин давлат куҷоро нигоҳ мекунад ва чи кор мекунад, ки халқи мо то ин дараҷа расидааст ва аз руи вазифаашон мардумро ба ин ҳолат овардааст.

Бародар аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки чораи ин Даҷҷоли лаъинро бинед. Маро  ва халқи шаҳраки Гаравутиро аз дасти ин хоини миллат раҳо кунед. Вай тамоми заминҳои корам ва дигар ҷойҳои шаҳраки Гаравутиро аз они худ кардааст ва ҳеҷ кас аз ӯ шикоят карда наметавонад, ҳатто халқро таҳдидҳои зиёд мекунад

Ягон мақомотҳо аризаи халқи бечораро ба назар намегиранд. Тамоми мақомотҳо хешу таборашон мебошанд. Охир мо ба куҷо шикоят кунем? Ҳамин якҷое, метавонем шикоят барем Ислоҳ аст.  Ман хуб медонам ҳамааш Ислоҳ ва барномаи «Номаҳо..»ро мебинад. Илтимос дарди мардуми камбағалро ба шумо расонидем. Мо натиҷаҳои зиёдеро баъди нашри навиштаҳоямон дар «Номаҳо….» дидем.

Ваҳдат

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз Ваҳдат бароятон менависам. Дар мавриди Сайфиддин раиси суди Ваҳдат, ки шумо дар борви вай ҳам мақола ва ҳам навор нашр карда будед.

Сайфиддин Камолзода Исмон ё Сайф, тамоми намуди делоро дар Ваҳдат ҳал мекунад. Барои Сайф ягон кори намешуданӣ нест: «сума бтеш, корт ҳал. Ай ягон чи наметарса. Як махинатсияҳое мекна да Ваҳдат. Да ҳама шури мурии Ваҳдат долядай».

Бачаҳои милитсия, УБОП ё ОУР дилхоҳ шахсро шикастанӣ бошанд, меоянд пеши Сайф, медароянд аввал нақшаашро мекашанд дар кабинети Сайф,иддин Камолзода баъд аз паи кор мешаванд. Ҳамин ки одамро оварданд, Сайфиддин Камолзода Исмон дар ҷояш ҳукми боздошташро содир мекунад.

Сайфиддин Камолзода Исмон сумҷамъкунаки Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олӣ аст.  Судяҳои  Ваҳдат, Файзобод, Нуробод, яъне минтақаи Рашт, доляро ба раиси Суди Олӣ тавассути Сайфиддин Камолзода  медиҳанд. Сайф бисёр сумҳое, ки барои раиси Суди Олӣ буд, надодааст ба Раис. Ҷои сумгирии Сайфиддин Камолозода ипподроми Душанбе, даруни саҳни он аст. Ҳар вақте ки Сайф меояд, даричаи онро қаровул дарав мекушояду Сайф бо нафари даркориаш дар даруни онҷо доду гирифтҳо мекунанд. Аспҳои раиси Суди Олӣ ҳам дар ипподроми Душанбе ҳастанд. Сайф  сумҳои ҷамъкардаашро ба раиси Суди Олӣ дар даруни ҳамон ипподроми Душанбе медиҳад. Яъне як ҷои махсус барои инҳо. Сайф маблағҳои калонеро, ки барои раиси Суди Олӣ бояд мерасонд, надодааст. Раис аз инҳо бехабар. Сайф ба як нафари наздики худ таъриф кардааст, ки раис умуман хит намекардааст, ки «ма чо кестам. Ай сари сумо додарша дар Данғара да паспортный стол корда монду дигар хешошам ҷо ба ҷо дора. Мегуяд Сайф, ки суми Раис таҳ надора».

Суди Ваҳдат як бозор шидааст. Сайфиддин Камолзода  ягон судяро кор кардан намемонад. Чи делае, ки мешавад дарав аз қафояш мешавад. Чи дела аст? Чанд сум медиҳад? Биёрен ман бихонамаш. Аммо умуман савод надорад. Шумо дар мавриди ӯ барномаи махсусе ҳам доштед  зери унвони «Раиси Суди Ваҳдат одамкуш аст» ҳатто овоза карда буд, дигар Ислоҳ нашр намекунад мо ӯро харидем. Вале мардум бояд донанд ин дурӯғ аст.

Данғара

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар бораи баъзе чизҳое гап мезанам. Шумо аз руи ин гапҳо мефаҳмед, ки ман кӣ ҳастам. Барои ҳамин ному насабамро ифшо карда наметавонам.

Баъди таъин кардани раиси нави ноҳияи Данғара ба ҷои Исломиддини писари Нуриддини тракторист, раиси нав қариб ҳамаи раисони ҷамоатҳоро аз кор гирифт.  Асадулло Раҳмони Сумбулоғо, ёрдамчии Эмомалӣ Раҳмонов оид ба кадр, ки худаш аз Пушинги Данғара аст ба раиси нави Данғара гуфтааст, ки «касера таъин мекнӣ, аввал мара пурс».

Ҷамоатҳои Данғара дар бадтарин ҳолатҳо қарор доранд. Раиси Данғара Сиҷоуддин Саломзода раиси ҷамоатҳоро таъин мекунад. Мардум кор намекунем мегуянд. Мегуянд, ки надорем мо сум, ки «ай хыдмон обод кнем ё мардума маҷбуршон кнем». Аммо Сумбулоғо бошад, гуфтааст, ки «мара то Саргазони Данғарара ягон чорабинӣ боша бген мерам, усуш ҷазирай намерам». Ин дар ҳоле аст ки ҳамин Сумбулоғо куратори мо аст ва бояд, ки роҳҳои ин тарафҳоро ҳам вай таъмир кунад.

Дар ҷамоатҳое, ки сумдор дораду толк ҳаст меравад, аммо дар ҷое, ки мардуми деҳқони оддист намеравад. Ҳамин мардуми ҷамоатҳо аз Саргазон он тараф буд, ки хест дар ҷанг ҷонашро дод, ки Сумбулоғо баринҳо имрӯз дар вазифа шинанду бо паст зананд. Мо дар ёд дорем, ки ин Сумбулоғо он солҳо оппозитсия буд ва чанд маҳал дар куҷое бедарак буд, пинҳон шуда буд.

Ҳамон Ҷомӣ командири Данғара буд аз қишлоқи Саргазон. Вай бо бачаҳояш ранги дигар шермардҳои минтақаи Кулоб фиреб хурду ҷон дод. Чанд вақт пештар як счёти баҷоии Сумбулоғоро пайдо карданд, ки дар он 145 миллион доллар қарор дорад. Аммо чи гапе шуд, ки боз гап мурд. Сумбулоғо аз сари сумҳое, ки барои вазифагирӣ мерасанд, қайчӣ карда ба счеташ мепартояд. Дар аввал тарсончак буд, метарсид. Баъд як бор аз сари пачкаҳо гирифт ва вақте ки сумҳоро ҳисоб карданду камии маблағҳоро пайдо карданд, гуноҳро ба гардани овардагӣ ё сумте, яъне вазифагир зад. Дид ки гузашт кор. Ана ба дигаееееее. Сумбулоғо мегуяд, ки «бля я замоне шидай, ки кор буд кун бисер шидай. Мақсад, ки авлоди Президент кудакҳо калон шуданду ҳама кор буд кун шудаст».

Ва, як гапи дигар дар бораи нафаре бо тахаллуси Михаил,ки наздиктарин одами Сумбулоғо аст. Ҳамаи макомот ва нафарони боло оиди мансуб ба қавми Лут будани ӯро медонанд. Астағфируллоҳ.

Солҳои охир овозаҳояш зиёд шудааст. Гарчанде, ки зану фарзанд дорад, боз бо мақомдорони баландпоя хову хез мекунад. Короче …. Астағфируллоҳ. Солҳои охир, як сол шояд зиёд, бо муовини Асадулло Раҳмон, номашро наёфтем, ва меуянд, ки бо худи Асадулло Раҳмон ҳам муомилаҳои зич дорад.

Соли охир Михаил бо пуштибонии муовини Асадулло Раҳмон  ва шояд худи Асадулло Раҳмонам бошад, зиёд писарони ҷавонро ба Туркия ва Дубай бурда….он тарафашро фаҳмед, забони мо намегардад. Бурда як ҳафта ду ҳафта бачаҳоро номард карда меорад. Дар иваз суми калон мегирад. Аз руи баъзе маълумотҳо муовини Асадулло Раҳмон барои чи ҷинояте маҳкам аст. Директорони баъзе тарабхонаҳои пеши пеш, мансабдорони калон ва умуман нафарони номдор ру ба ливотат овардаанд. Михаилро чандин бор ба УУР дар даври Шорух қапида бурда буданд, аммо боз ҷавоб медоданаш.

Вақтҳои охир Михаил бо Фируза Ҳафизова ва Зулайхо ба Туркия ва Дубай  рафта меомад. Ҷои вохурӣ ва додану гирифтани пора ё ягон маслиҳат, боғи устод Рудакӣ аст, ки кормандони дастгоҳи Президент ва Ҳукумат дар қарибии онанд. Корманди дастгоҳ ё нафари дигари мансабдор дар вақти танаффуси обедаш гуё барои обед ё ҳавои тоза мебарояду ба боғи Рудакӣ меояд, ки дар ру ба руи меҳмонхонаи Тоҷикистон, дар назди Дастгоҳи Президент ва Ҳукумат қарор дорад. Баъдан нафаре, ки бояд доля ё пора ё барои ягон масъаларо ҳал кардан меояд, мерасаду медарояд. Чи тавре,  ки гуфтем аз дари тарафи Дастгоҳи Президент будааш медароянд. Бисёр ҷои тенҷ. Ду маротиба Асадулло Раҳмонро бо Михаил дар ҳамин боғ дида буданд. Мардум аз куҷо медонанд, ки чи гап. Мегуянд, ки мумкин Михаил бо ягон масъала  омадааст. Аммо, аз куҷо медонанд, ки масъала ва мушкилиашон амали қавми Лут аст.

Конибодом

Салом бародар Муҳаммадиқбол. Аз Конибодом бароятон менависам. Матлаби охири Конибодомро хондам. Дар масъалаи инки ин кор яъне куштори оилаҳои бутун кори дасти амният ё милиса буд ман аз сар шаке надоштам. Аммо дар масъалаи телефони гумшуда. Он телефони яке аз кушташудагони аъзои оилаи Баҳодур буд. Онро ёфтагианд.

Дар бораи Баҳодур. Ман ҳамроҳ бо бачаҳо дар бораи Баҳодур пурсида будам. Як ҳафта зиёдтар шуд. Гуфтанд паспортҳояшро милисаҳо гирифтаанд, что-бы аз Тоҷикистон нагурезад.

Чизи дигар ин ниндзаҳо ё қотилҳо аст ки се-чор рӯз пештар дар деҳаи Ниёзбек ба хонаҳои мардум даромада мардумро тарсонда буданд. Яке аз инҳо ба ном Эркин духтури дандон, кличкааш байни мардуми Ниёзбек Эркини зубной аст. Вай дар кӯчаи центр аст. Куча қариб 1200 метр дарозиаш аст. Аз роҳи асфальти калон хонаи ин одам ба ном Эркин тақрибан 5 ё 6 ум дар аст, аз тарафи офтобнишин. Хулоса ҷои аҷоибаш инки баъди ин ҳодиса милисаҳо меоянду ҳамаи ин одамоне, ки ба хонаҳояшон даромада болоболои бомашону шиферҳояшон гаштаву тарсхурда шуда буданд, ба ҷои як дилбардориву як хотирҷамъ кардан милисаҳо ба онҳо угражат карданд, ки мабодо расонаӣ кунед ё ба мардуми атроф паника кунед, пушти панҷара меравед. Ин кор санаи 19.06.2024 ё 20.06.2024 шудагӣ аст. Вақте хостам ҳамаро аниқу дақиқ кунам як кас монеа шуду нахост. Аммо ин сад дар сад ҳодисаи шудагӣ аст. Агар хоҳед ман ҳамаро ба шумо мефаҳмонам. Маълумот аз одами аъзои оилаи ман аст (родной) просто як шахси оилааш ба фаҳмиши ман аз тарси онки телефонро гӯш мекунад монеа эҷод кард, ман ҳам дигар бо корҳои   худам овора шудам дигар напурсидам.

Баъд барои ҳамон масъалаи Лоҳутӣ голосовой ва видео фирсонда будаматон. Дар ёд дошта бошед,онҷо вақте мардуми зиёд ба кӯча баромаданд, ментҳо аз тарсашон ҳамон занакҳои бечораро девона бароварданд. Аммо дар асл он зан соқу саломат аст ва ин кор ҳам дар ҳақиқат шудагӣ аст, аммо милисаҳо ба дурӯғ табдил доданд. Гӯё зан гоҳ -гоҳ касали руҳӣ мешаваду ин спектакл буд. Яъне ҳамон зан спектакл ташкил карду ину он гуфта мардумро гуё ором кард ба фикри пусидаи худашон.

Душанбе

Ассалому алайкум устод Муҳммадиқбол! Саидҷаъфар Усмоновро Юсуф Раҳмон маҳкам кард. Вайро барои ҳамкорӣ, алоқа ва расонидани хабар ба Муҳиддин Кабирӣ тавассути  Шарофиддин Гадоев муттаҳам карда истодаанд. Юсуф Раҳмон дар ин фикр аст ки Усмонов бо Кабирӣ аз вақташ рафиқу ҳамфикр буданду ҳозир ҳам дар алоқа мебошанд. Ва то ба имрӯз Кабирӣ через Усмонов маълумотҳои даркориашро мегирифт. Усмонов, ки депутат буд, ҳамаи маълумоти даркориро метавонист ба Кабирӣ бирасонад. Ҳозир КДАМ хап, аммо Прокурори генералӣ бозиро давом дода истодааст.

Як одами наздики Юсуф Раҳмон гуфт, ки Юсуф Раҳмон пурсидааст, ки «ҳами Иқбол СС мега чи боша»? Гуфтанаш, ки Ятимовро мегуяд. Гуфтааст медонам. Лекин расшифровкааш чияй? Баъд ҳар кас ҳар чи гуфтааст. Як кас гуфтааст ки Сукин Сын, яъне   бачаи қанчык. Ин гап ба Юсуф Раҳмон сахт форидаст. СС- Сукин Сын.

Юсуф Раҳмон гуфтааст ҳоло бисёриҳо бо Кабирӣ дар контактанд. Бар сари Усмонов хоҳад нахоҳад госпереворотро заданд. Акнун Юсуф Раҳмонов боз барои Кабирӣ делои нав тайёр карда истодааст. Ҳоло бояд як барбарро дастгир кунад. Нақшааш ин аст ки Ятимовро ҳам дар ин бозӣ шинонад.

Ман то куҷо сиҳат ва дуруст будани ин хабарро тасдиқ намекунам аммо гуё Усмонов тамоми иттиҳомотро ба гардан гирифта ва гуфтааст, ки Кабирӣ ваъдаи пул ва кумаки низомӣ карда буд.

Вале як нафари дигар мегуяд, ки ҳамаи ин корҳо як барнома ва нақша ва спектакл аст ва Усмонов ҳам бозингари ин спектакл мебошад, ки режисёри асосиаш худи Эмомалӣ Раҳмонов ва нафари иҷроия, директори иҷроия Юсуф Раҳмон аст. Мақсадашон ин аст ки нишон диҳанд Кабирӣ бо Ансоруллоҳ шарик аст ва дар сар нақшаи ҳамла ба Тоҷикистон ва сарнагун кардани ҳукуматро дорад.

Гуё Ансоруллоҳ ба амри Кабирӣ интизоранду бояд нападения мекардаанд.  Мақсади асосии Эмомалӣ Раҳмонов ин аст ки ҳар бало кунад то аз он тарафи марз, аз Афғонистон ягон гуруҳҳоро дохил кунад ва Русияро битарсонад,ки марзҳои ҷанубиат дар чи ҳол қарор доранд ва боз худро дар зери қаноти русҳо пинҳон кунад ва аз русҳо кумакҳо дарёфт кунад ва дигар орому роҳат, дар зери сояи чатри амнияти Русия Рустамро овараду дар ҷойи худаш монад. Ин гапҳои госперевароти Саидҷаъфар Усмонов танҳо бо ҳамин мақсад аст.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №153 появились сначала на ISLOH.net.

Раиси суди Ваҳдат одамкуш аст.
Медонед, ки Ш.Шоҳиён солона чанд млн$ пора мегирад ва судияҳои дастгиршудаи «подельник»-ашро озод мекунад?

Сайфиддин Камолзода Исмон, раиси суди шаҳри Ваҳдат, дар гузашта раиси суди ноҳияи Файзобод ва солҳои ҷанги шаҳрвандӣ «телех»-и хоҳари Суҳроб –командир (генерал Суҳроб Қосимов, аз фармондеҳони Фронти халқӣ) мебошад, ки аз соли 2015 ба ин тараф дар ин мақом кор мекунад. Сайфиддин Камолзода дар моҳи апрели соли ҷорӣ якҷо бо Зафари Қодирзода, судяи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон боздошт шуданд. Зафар Қодирзода то декабри соли 2022 дар суди Ваҳдат кор мекард ва замоне, ки дастгир шуд, яъне апрели соли ҷорӣ дар додгоҳи ВМКБ кор мекард. Ин ду нафар ҳамроҳ бо Тоҷиддин Убайдуллозода, корманди прокуратура дар шаҳри Душанбе дастгир мешаванд. Тоҷиддин Убайдуллозода ҷияни Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пешини шаҳри Душанбе аст. Муҷозоти ӯ ин шуд, ки аз вазифа маъзул ва аз система ронда шавад. Зафар Қодирзода дастгир ва равонаи маҳкама гардид. Вале баъди чанде бо пардохти ҷарима озод гардид. Аммо Сайфиддин Камолзода Исмон, раиси суди Ваҳдат чизеаш нашуд ва ҳоло ҳам дар ин вазифа кор карда истодаасту ва ин боевик бо тантана ғоратгариро давом дода истодааст.

Моҷаро аз чи қарор аст?

Зафар Қодирзода,судяи пешини шаҳри Ваҳдат бо раиси суди шаҳри Ваҳдат Сайфиддин Камолзода бо ҷурми порагирӣ ба даст афтоданд. Аммо Зафар Қодирзода ҳама айбро ба зимаи худ гирифт. Ӯро бо моддаи 319 дар боздоштгоҳи муваққатӣ 3 шабонарӯз нигоҳ доштанд. Барои онки то замони шуруъи мурофиа дар озодӣ қарор дошта бошад, моддаи 319 –ро бо моддаи 314 иваз ва парвандаашро бошад бо моддаи 323 банду баст карданд. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон, ки аз порагирии раиси суди шаҳри Вахдат ва Зафар Қодирозода, судяи ВМКБ пурра огоҳӣ дошт, Зафар Қодирзодаро аз ИВС озод кард.  Барои чи раиси суди шаҳри Ваҳдатро ҳабс накарданд? Барои онки Сайфиддин Камолзода, раиси суди шаҳри Ваҳдат бо Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон рафиқи наздик, возеҳтараш шарики ҷурм аст. Камолзода масъули ғайрирасмии судҳои навоҳии тобеъи марказ дар назди Шермуҳаммади Шоҳиён аст ва ҳама «доля»-и ин минтақаро аз судҳои ноҳияҳои тобеъи марказ ӯ ҷамъоварӣ карда ба Шермуҳаммади Шоҳиён медиҳад. Яъне Сайфиддин Камолзода, на танҳо раиси суди Ваҳдат ҳамчунин «посредник»-и раиси Суди олӣ ва судяҳои ин минтақа мебошад. Ба гуфти мардум «одам»-и Суди Олӣ аст.

Соли ҷорӣ раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов низ бо ҷурми гирифтани пора дастгир шуд. Вай аз шаҳрванд 23000 сомонӣ ришва гирифт. Ҳамчунин раиси суди шаҳри Хуҷанд ҳам бо айни ин ҷурм ба даст афтод. Бадтар аз ин,раиси суди вилояти Суғд низ бо чунин ҷурм дастгир шуд ва чанд рӯз мавриди ҷустуҷу ҳам қарор дошт. Вале бо фармони раиси ҷумҳурӣ аз мақом барканор шуду бо ҳамин ҳама чиз «тихарая» гардид.

Инҷо ба як факт мутваҷҷеҳ бишаваед. Раиси суди Ҷаббор Расулов ба ҳангоми бозрасӣ иқрор мекунад, ки ин пулро бо раиси суди вилоят ҳамроҳ (28.000 доллар) гирифтанӣ буданд. 25000 долларашро гирифта дар вақти гирифтани 3000 доллар раиси суди Ҷаббор Расулов дастгир мешавад. Дар вақти мурофиа ӯ баёнот дод, ки аз ин миқдори маблағ Бахтиёр Оқилзода, раиси Суди вилояти Суғд 5000 долларашро гирифта буд. Як муддат Оқилзода Бахтиёр Даврон  дар кофтуков ва таҳти тақиб қарор дошт. Каме дертар ба фармони Раҳмонов ӯ аз мақоми раиси Суди вилояти Суғд озод карда шуд. Ӯро барои ҷинояти содиркардааш ҳатто ҳам муҷозот накарданд.

Аммо дар соли  гузашта ва ё пештар аз он раиси додгоҳи шаҳри Гулистон( Қайроққум) ва низ раиси додгоҳи ноҳияи Айнӣ ҳам бо айни ин ҷурм –ришватситонӣ дастгир шуданд.

Мавориди ришвагирӣ дар додгоҳҳои кишвар хеле зиёд шудааст ва ҳоло саволи матраҳ ин аст ки ба додрасҳои тоҷик чи шуда бошад?

Посухи ин савол номаълум нест, маълум аст. Иллат ва сабаб он аст ки  худи Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон яке аз бузургтарин порахурҳои Тоҷикистон мебошад ва аз онки нафси аждаҳоии вай хеле калон шудааст, судяву раисони судҳо наметавонанд, ки бидуни гирифтани ришва оддитарин парвандаи ҳатто маъмуриро махтума кунанд.

Чаро Шермуҳаммади Шоҳиён то ҳоло дар курсии раиси Суди олӣ нишастааст?

Барои онки:

а) аз Фархор аст;

б) система аз поин то боло коррупсионӣ аст ва худи Шермуҳаммади Шоҳиён ҳам ҳармоҳа, ҳар квартал, ҳар нимсола ва охири сол «доля»-и курсии раиси Суди Олии Тоҷикистонро ба боло бурда медиҳад.

Бубинед, ки баъди ба ин мақом омадани Шермуҳаммади Шоҳиён ҳам нархи парвандаҳо гарон шуд ва ҳам  ҳар сол якчанд судяву раиси суд бо ҷурми порагирӣ ба даст меафтад.

Ҳамчуноне гуфтем собиқ раиси суди шаҳри Хуҷанд Муҳаммадзода Ҳомидҷонро бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои «б»-«г» ҳамроҳи як судяи шаҳри Хуҷанд Маҳмадсаидзода Рустам Маҳмадсаид бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои «б»-«г» ва ҳимоягар Ҳоҷибоев Шаҳидҷонро ҳам бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои «б»-«г» моддаи 247 қисми 4, моддаи 319 ришвагирӣ, яъне пора гирифтан дар ҳаҷми калон ҷиноят содир карда буданд, ки ин кирдори онҳо аз рӯи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон на кам аз 10 сол аз озодӣ маҳрум бояд мешуданд, дастгир карданд. Чунки ҷинояти вазнинро се нафар яъне гурӯҳе аз шохаи ҳокимияти давлатӣ бо сардории Муҳаммадзода Ҳомидҷон, раиси суди шаҳри Хуҷанд содир карда буданд, аммо аз чи сабаб бошад,ки ба онҳо Суди Олӣ 2 солӣ ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ таъин кард. Ин ҷазои таъин намудаи Суди Олӣ ҳамаро дар ҳайрат гузошт.

Хандаовараш дар он аст ки ин се нафар даъвои кассатсионӣ  аз руи ҳукми Суди Оли пешниҳод намуда буданд. Аммо даъвои кассатсионии онҳоро Суди Олӣ бе тағйир гузошт.

Ҳимоятгар Ҳоҷибоев Шоҳидҷон 45000 сомониро барои раиси суди шаҳри Хуҷанд гирифта буд.15000 сомониро барои худаш гирифта 30000 сомонии боқимондаашро ба Маҳмадсаидзода Рустам медиҳад. Ҳимоятгар Ҳочибоев Шаҳидҷон 15000 сомониашро аз худ мекунад. Аз ҳамин сабаб ӯро бо моддаҳои 319 қисми 4(порагирӣ) ва 247 қисми 4 (қаллобӣ) айбдор мекунанд.

Маҳмадсаидзода Рустам Маҳмадсаид дар навбати худ 30000 сомониро гирифта ба утоқи кории Муҳаммадзода Ҳомидҷон, раиси суди шаҳри Хуҷанд медарояд ва ба Муҳаммадзода Ҳомидҷон 30000 сомониро барои ҳалли як парвандан ҷиноятӣ медиҳад.

Муҳаммадзода Ҳомидҷон пулҳоро гирифта ба Маҳмадсаидзода Рустам 10000-сомонӣ медиҳад ва 20000 -ашро барои худаш мегузорад.

Ин се нафар раиси суд, судя ва адвокат дар давоми як сол озод шуданд.

Соли гузашта як наркобизнес, ки бо270 кг дастгир шуда буд, ба Шермуҳаммад Шоҳиён 50.000 доллар дод.Асомиддин судяи суди шаҳр 30.000 доллар гирифта ба ӯ 14 сол доданд. Дар ҳоле,ки ӯ бояд на кам аз 25 сол мегирифт. Аммо як бачаи дигар ҳамагӣ бо 650 гр афюн дастгир шуд,10 солаш доданд. Адолати додгоҳӣ куҷо шуд?

Вақте ин гурӯҳи аз се нафар иборатро якҷоя дастгир мекунанд, раиси суди шаҳри Хуҷанд Муҳаммадзода Ҳомидҷон, ки ҳамкурс ва рафиқи Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олӣ мебошад, мегуяд «агар манро ҳабс кунанд,ман бо далелҳои кофиям ҷиноятҳои зиёди Шермуҳаммади Шоҳиёнро ошкор мекунам».

Ҳомидҷон Муҳаммадзода бисёр ҷиноятҳои содиркардаи Шоҳиёнро медонистааст ва исбот карда ҳам метавонистааст. Худи ӯ барои онки дар мақоми раиси Суди шаҳри Хуҷанд кор мекунад ҳар нимсола ба Шоҳиён на кам аз 100 ҳазор доллар бурда медодааст. Ва  барои раиси суд ва муовини раиси суди ноҳияҳо таъин шудани судяҳо дар шаҳри Хучанд ӯ «мусоидат» мекардааст ва ба унвони нафари мавриди боварӣ, ба сифати миёнарави Шоҳиён маблағҳоро ҷамъ карда бурда месупоридааст.

Ба Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олӣ як фермаи аспҳояшро туҳфа карда будааст. Аз ҳамин сабаб, пешбинӣ карда мешуд, ки дар маҳкама дер нахоҳад истод ва дар воқеъ ҳамин хел ҳам шуд. Онҳоро ҳамагӣ 2 солӣ аз озодӣ маҳрум карда буданд.

Худ қазоват кунед, судяи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Раҳимзода Раҳмиддинро бо моддаи 319- пора дар ҳаҷми 7000 сомонӣ ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Аммо ин гурӯҳи сенафариро барои маблағи беҳад калон ҳамагӣ 2 солӣ аз озодӣ маҳрум карданд, ки ҳатто ҳамон ду солро ҳам нашиштанд. Куҷост адолати судӣ?

Худ хулоса бароред дар Суди Олӣ чигуна такдири инсонҳоро ҳал мекунанд.

Сайфиддин Камолзода, раиси суди Ваҳдат ахиран делои адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёровро файсала карда ва барои ин адвокати зиндонӣ боз даҳ соли дигар дод. Бар асоси як туҳмати ноҳақ. Мурофиаи додгоҳиро пушти дарҳои баста доир кард. Ба Бузургмеҳр ҳатто имкони гирифтани адвокатро ҳам надод. Хешу таборонаш дар мурофиа ширкат накарданд. Ин адвокати зиндонӣ, ки тамоми мароҷеъи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун зиндонии сиёсӣ ӯро эътироф карданд аз ин муҳлати ҷазо ду солашро дар зиндони пушида-«критий» мегузаронад, ки онҷо ҷойи муҷримони бисёр ҳам ашадӣ аст, мисли одамкушҳо аст.Аммо Бузургмеҳр Ёров ба фарқ аз Сайфиддин Камолзода, ки ҳоло 8 сари сол аст дар Ваҳдат ба гирифтани пораву ришват машғул аст, одам накуштааст. Бале,Сайфиддин Камолзода, раиси суди шаҳри Ваҳдат одамкуш аст ва одамро ҳам дар пеши чашми одамон ва дар даруни бозори пешини «Зеленний»-и Душанбе бо корд зада кушт.

Қазия аз ин қарор аст:

Сайфиддин Камолзода ,ки аз Данғара аст, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ «охрана»-и хоҳари Суҳроб Қосим буд. Дар «Зеленний бозор» як маскафурӯш хоҳари Суҳробро гап мепартояд, ки «э,муаллима хушру меҷунбониш». Маскафурӯши вақтрасида гап мепартояд. Хоҳари Суҳроб тарафи Сайф мегуяд, ки «бигираш». Сайф аз даруни маска кордчаро мегирад ва росту сахт дар қафаси синаи маскафурӯш мезанад. Корд мустақим ба қалби вай меравад ва ӯ ҷодарҷо мемурад.

Бале, ана ҳамин Сайфе, ки ҳоло раиси суди Ваҳдат асту судяи парвандаи Бузургмеҳр мебошад, як қотили одамкуш аст ва солҳост, ки ҳамин одамкуш, собиқ «боевик»,ки худо медонад боз чандин нафарҳоро кушта бошад, ҳоло сарнавишти одамҳоро ҳал мекунад. Хоҳари Суҳроб мегардаду мегуяд, ки «очата б…м Сайф, духом падат накун. Мурд дар к…и очаш. Дар даҳанаш нигоҳ карда бояд гап мезад».

Ва, аммо имрӯзҳо Сайф шуд, кӣ ? Сайфиддин Камолзода.  Зафар Қодирзода ва Тоҷиддин Убайдуллозода барои чи ҷурме дастгир шуданд?

Сайфиддин Камолзода, раиси суди шаҳри Ваҳдат якҷо бо Зафар Қодирзода, судяи пешини шаҳри Ваҳдат ва Тоҷиддин Убайдулоев, собиқ прокурори шаҳри Ваҳдат ва ҷияни Маҳмадсаид Убайдулоев собиқ раиси шаҳри Душанбе заминеро, ки дар он бояд хитоиҳо завод месохтанд, яъне бо қарор ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо ҷудо шуда буд, аз дасти хитоиҳо гирифта ба бизнесмени тоҷик доданд ва барои сарпуш гузоштан болои ин баҳс, ки дар додгоҳи шаҳри Ваҳдат бархоста буд зиёда аз 100 ҳазор доллар гирифта байни худ се каса тақсим карданд.

Зимнан, ин нуктаро бояд бигӯям, ки на танҳо Муҳаммадзода Ҳомидҷон, раиси суди шаҳри Хуҷанд, дӯст ва ҳамкурси Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон, ки мебоист ҳадди ақал 10 сол зиндонӣ мешуд, баъди ҳамагӣ як сол ба озодӣ баромад, ҳамчунин Зафар Қодирзода, шарикҷурми Сайфиддин Камолзода, судяи пешини ВМКБ низ бо пардохти 70 000 сомонӣ ҷарима ба озодӣ баромад.

Худи Шермуҳаммади Шоҳиён дар нишасти ахири матбуотиаш дар 14 августи соли ҷорӣ даст ба амалҳои коррпусионӣ задани судя ва раисони судҳоро «ташвишовар» хонда ва эътироф кард, ки ин «камбуди роҳбарияи Суди Олӣ аст»

Бадеҳист, ки чи «камбудӣ» доштани роҳбарияти Суди Олии Тоҷикистонро гуфта наметавонад.

Гап дар инҷо аст ҳоло барои ишғоли мақоми як судяи одӣ нархи «ставка» ба 30 то 50 000 доллар расидааст.

Феълан, касе, ки 1.5 -2 миллион доллар бидиҳад метавонад ба курсии холишудаи раиси суди вилояти Суғд бишинад.

Албатта, шумо ҳам мешунавед, ки парвандаҳое ҳаст, ки то 200 ва 300 000 доллар арзиш дорад. Барои ҳамин нархи раиси суди вилояти Суғд аз якуним миллион доллар аст.

Ришвату порагирӣ дар хуну пусти Сайфиддин Камолзода, раиси суди Ваҳдат ва дӯсту рафиқи Шермуҳаммади Шоҳиён ҷо шудааст. Барои исботи ин гуфта аз матлаби нашрияи «Фараж» як пораеро иқтибос меоварам, ки муаллиф ба умед ба Президенти Тоҷикистон муроҷиат кардааст:

«Муҳтарам Президент, барои ман як чиз нофаҳмост, ки чаро раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин, ки даъвои мазкурро баррасӣ мекард, се маротиба тариқи суди сайёр ба макони баҳсӣ рафта, ҳамчун корманди идораи замин, қитъаҳои замини наздиҳавлигиро чен кард? Ё ин ки ҳолати дигари рафтори ғайриқонунии Камолзода Сайфиддин он аст, ки тибқи қонунгузорӣ, судя бояд як маротиба ба хонаи машварат даромада, қарор қабул кунад. Аммо баррасикунандаи парванда Камолзода С. ду маротиба,  бори аввал санаи 5-уми март ва маротибаи дуюм 18-уми марти соли 2021 ба хонаи машварат даромад. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро Камолзода С. қонунро поймол карда, ду маротиба ба хонаи машварат даромад? Чӣ манфиат дошт? Ҳолати дигари нақзи қонун аз ҷониби Камолзода С. ҳамчун баррасикунандаи парванда он аст, ки пеш аз баровардани ҳалномаи судӣ мебоист моро шинос мекард, аммо ба дархостҳои зиёдамон, оид ба шинос шудан бо протоколи судӣ, то ҳол ҷавоб надодааст.

Лозим ба ёдоварист, ки санаи 1-уми октябри соли 2020, ҳангоме, ки бори сеюм суди сайёр бо иштироки раиси суд Камолзода С. барои чен кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ омаданд, писари даъвогар Муҳиддинов Самандар-Муҳиддинов Баҳодур ба ҷониби ҷавобгар Муҳиддинов Рустам, дар ҳозирии судя Камолзода С. табарро бардошта, таҳдид ба куштор кард, аммо аз тарафи судя Камолзода С. нисбат ба ҳолати мазкур ягон чора андешида нашуд. Аз ин ҷо маълум аст, судя Камолзода С. дар ин парванда манфиатдор буда, дар қабули қарор ва ҳалномаи судӣ бетараф нест.

Ҷаноби Олӣ, ба ин монанд амалҳои коррупсионӣ ва ғаразмандонаи бархе аз кормандони мақомоти судӣ ба системаи судии кишвар иснод оварда, боварии шаҳрвандони кишварро ба ҳалли қонунии парвандаҳо мекоҳонад. Аз ин рӯ, аз Шумо муҳтарам Президенти кишвар ва кафили сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, хоҳиш менамоям, ки ба қазияи мазкур таваҷҷуҳ зоҳир намоед ва ҳақро ба ҳақдор бирасонед.

Бо арзи эҳтироми хос, Муҳиддинов Амриддин, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, деҳаи Зарнисор, хонаи №58

Пас аз хондану таҳқиқи ин қазияҳо ҳангоми ҷустуҷӯ чашмам ба ин хабар расид, ки хело ҷолиб буд.

КӮМАКИ ХАЙРИЯВӢ

Суди шаҳри Ваҳдат дар санаи 12-уми сентябри соли 2023 бо ташабуси Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин Исмон аз ҳисоби пасандозҳои раиси суд ва судяҳои суди шаҳри Ваҳдат бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи камбизоат ва маъюби шаҳри Ваҳдат ноболиғ Шамсуллозода Шукронаи Шамсулло 14-уми марти соли 2014 таваллудаш, сокини шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Баҳор, деҳаи Мачитон ҳамчун кӯмаки хайриявии якдафъаина ба маблағи 400 (чорсад) сомонӣ расонида шуд.

Сомонаи Суди шаҳри Ваҳдат:   http://vahdat.sud.tj/k-maki-hajriyav/

Бовар кунед инсон дар ҳайрат мемонад ба ин дуздон. Чор миллион медузданд аз шаҳрвандон, мардумро хонасалоту қарздор мекунанд. Барои рӯйпӯш кардани ҷиноятҳояшон 400 сомонӣ садақа боз аз он маблағҳои дуздиҳояшон не “аз ҳисоби пасандозҳои раиси суд ва судяҳои суди шаҳри Ваҳдат” ба як камбизоат садақа мекунанд.

Бинобар иттиллои бо мо расида Шермуҳаммад Шоҳиён раиси Суди олӣ солона аз ришва ва тиҷоратҳое,ки дорад 25 млн доллар даромади соф доштааст. Ҳоло мо аз порки мошинҳо ва аспҳои гаронарзиш ва қасрҳо ва дачаҳояш дар дохил ва хориҷи кишвар чизе намегӯем, чун матлаби алоҳидае дар ин робита омода дорему хоҳем гуфт. Инчунин дар бораи амалҳои пасипардагӣ ва маъшуқаҳояш хоҳем гуфт.

Низоми догоҳии Тоҷикистон мисли соири сохторҳо фасодзада аст. Аммо, аз рӯзе, ки Шермуҳаммади Шоҳиёни аспбоз ба ин мақом омад, ин човандози мухлиси аспу бузкашӣ бисоту адлу додро аз ин кишвар барчид. Кор ба ҳадде харобу хазон аст ки Шермуҳаммади Шоҳиён барои тамошои бузкашӣ шуда ба ноҳияҳо меравад ва якҷо бо накобаронҳо дар раъси маъракаҳои бузкашӣ мешинад. Обруву мақому иззати додгоҳро ба хоки сиёҳ шинонд. Ҳама вақт бо ханда мегуфтааст: “ ма вақте раиси Шурои Адлия буданам корҳое кадам барои ҷаноб ва дар раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ буданам ҳам ҷаноба,ки тамоман нагузашта буд як бало карда гузарондем. Хулоса, ма президентш мондм, мардак курнамак нест қадрма медона ва ма ҳаркоре хоҳм мекунум. Ма катиш хело наздикм ,хуб донен ина.  Шумо мада пули гуфтагима биёрен ягон балотон намезанад”

Вақте ҷаноби Шоҳиён ошкоро чунин суҳбатҳо мекунад аз “адолати додгоҳӣ” чизе метавон таваққуъ кард?Албатта,ин натиҷаи ҳукумати қавмиву авлодии Раҳмонов аст ки иншоаллоҳ сарашро хоҳад хурд.

Сообщение Раиси суди Ваҳдат одамкуш аст. появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет» №39
Ин бор ба ҷои муқаддимаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» аз як матлаби хондании устоди муҳтарам Додоҷон Ёқубзода, ки дар сайти «Озодандешон» ба нашр расидааст, як ду пешниҳодеро «вом» мегирам, чунки дар ҳақиқат мувофиқ ба муҳтавои барномаи «Номаҳо…» мебошад. Устоди муҳтарам Ёқубзода менависанд, ки «Аз масъулони ҳукуматии зинаҳои гуногуни кишвар талаб карда шавад, ки гуноҳ, хиёнат ва ҷиноят накунанд, то ки мардум ба Муҳаммадиқболи Садриддин, аз ҷиноятҳои онҳо арз нанамоянд; Сониян, вақте, ки мактубҳои ба сайти “Ислоҳ тв” ворид шударо Муҳаммадиқбол ифшо ва ошкор менамояд, ин ба фоидаи органҳои қудратӣ аст, ки зуд гунаҳкоронро зери тафтишоти худ қарор медиҳанд; Ба мардум муроҷиат намоед, то ки аз дарди худ ба Шумо нависанд, Шумо, ҳатман ба дарди мардум расидагӣ намоед, вақте, ки ба арзу шикоятҳои мардум ҷавоби қонуни намедиҳед, ва ё тамоман эътибор дода намешавад, пас мардум маҷбур мешавад, ки ба Муҳаммадиқбол муроҷиат менамояд, то ки дарди миллатро ба мардум расонад..»  Ва ҳоло мутаваҷҷеҳ бишавед ба ин нашри навбатии «Номаҳо…»

Исфара

Беш аз як моҳ мешавад, ки дар Исфара як маъракаи густардаеро ба роҳ мондаанд. Ин маърака аз ҷамъоварии маблағ барои ободонии мактабҳо иборат аст. Ин ҳикоят аз деҳаи Кулканди Исфара аст. Ҳар касе ин мактабҳоро ба итмом расонида буд, яъне тамоми наслҳои хатмкарда                ( випускникҳо) 100 сомонӣ ҷамъ карда ба мактаб доданд. Талабаҳои имрӯзаи мактаб аз синфи1 то 11, ки ҳоло хонда истодаанд, низ 100 сомонӣ ба хазинаи мактаб ворез карданд. Хеле пули зиёд ҷамъ шудааст. Аммо, мутаассифона вақте ин мактабҳо обод мешавад, ин бешарафони номард ҳукумат мактабро обод кард мегуянд на инки рости гапро мегуянд, ки мактаб бо пули худи мардум тармиму обод карда шуд.

Ҳоло акнун ин маъракаро дар байни муҳоҷирони кории Кулканд дар Русия ба роҳ мондаанд. Албатта, сокинони Кулканд ба ин кори хайр саҳми худро аз Русия ҳам гузоштанду мегузоранд. Вале дарҳол аз ҷамоат омада ба ин маблағҳои хайрия худро ҳамроҳ мекунанд ва мегӯянд, ки ин иқдом ва ташаббусро аз номи мо эълон кунед ва боз тарс медиҳанд, ки агар аз ном халқ эълон намоед, чанд нафарро ба ҷавобгарӣ мекашанд. Ин гуна пул ҷамъоварӣ дар ҳама макотиби деҳа дар авҷ аст. Рӯзи ҷумъа дар намоз ҳам эълон кардаанд. Мегуянд, ки барои ободии мактаб садақаву хайр кунед. Ба ин чоплусҳо лаънат, ки мардумро водор карда истодаанд, аммо маълум аст ки ҳукумат пули ҷудошудаи бюҷет барои ободониву таъмири бинои мактабҳоро медуздад ва мегуяд мо обод кардем.

Ҳозир мардуми муҳоҷирро аз чор тараф ташвиқ карда истодаанд, ки барои ҳисоби мактабҳо пул гузаронанд. Ҳатто барои ин кор суратҳисоб дар Душанбе сити кушоданд. Ва дар телефонҳои мобилӣ як маъракаи таблиғотиро бо ин гуна даъватҳо:

«Ҳазор раҳмат барои ҳама саховатмандон», «Биёед барои ободии даргоҳи боғи илму маърифат саҳми худро гузорем». «Дар як сол ин мактабро зиёда аз 100 нафар ҷавонписарони ба ору номуси Исфараи бостонӣ хатм менамоянд.». «Аҳли гурӯҳ ҳаракат кунем мактабҳоро обод кунем, албатта бо дастгирӣ ва кумаки шумоён.» Инчунин боз роҳандозӣ карда боз таҳрик медиҳанд, ки масалан:

«25000 рубл мешавад? Барои давом додани корҳои ободонии муассисаи мазкур ба маблағи 1000 рублӣ ҷамъ карда истодаем. Аз ҳар яки шумоҳо хоҳиш менамоем бетараф набошед.»

Ва ё ҳатто ному насаби бархеҳоро зикр карда срок дода истодаанд:

«Аз онҳо талаб карда мешавад, ки дар 72 соат 100 дона чеки 500 рублӣ ё 60  сомонӣ партофтаянд. Аз тарафи як саховатпеша  50 000 рубл аз тарафи нафаре, ки мутаваллиди 1984 аст 5000 рубл. Як саховатпеша 3000 рубл ако …..ҷон 5000 рубл додаанд. Боз суроғ карда мешавад, ки «барои ободонии МТМУ№ 51 мепартофтагӣ ҳастанд мӣ?”

Рости гап мо метавонем дар инҷо қисме аз маблағҳои аз Русия фиристодаи муҳоҷиронро бо ному фамилияашон биоварем, аммо бо мулоҳизаҳои гуногун ин корро накардем. Масалан руихати онҳоеро метавонем оварем, ки ба мактаби №34 аз Русия кумак кардаанд. Нафси дастандаркорони ин маърака ба ҳадде кушода шудааст, ки акнун аз випускниҳои солҳои шаст ва аз шаст то соли 2020-ро вордор карда истодаанд, ки зану мард пул партоянд. Дар дасти мо маълумоти 17 насл (випускниҳо)-и солҳои гуногӯн ҳаст. Барои мисол хатмкунандаҳои лицейи № 2 -Кулканд ҳамаашон  ками кам 20.000рублӣ ҷамъ карда доданд. Боз худи хонандаҳои феълӣ ҳам ҷамъ карда додаанд.

Ба назари ман бадбахтарин мардум шояд ин мардуми Исфара бошад. Ин мардумро ҳамаҷиҳат азоб дода истодааст ин ҳукумат. Муллоҳои имрӯзаи Исфара аз чоплустаринҳо шудагианд.

Барои ман як зара зиён надорад, ки ин мардум пул диҳад ё надиҳад. Манро просто виҷдонам токат намекунад. Як нафар раиси ҷамоат ва як нафар имомхатиб аст инҷо ки тамоман шайтонмиҷозу тамаллуқпешаанд.

Аз давраи шӯравӣ то имрӯз ин чоплусҳои бадбахт мардум ва олимони ҳақиқии динро гап задан намемонанд. Онҳо аз номи мардум сухан мекунанду ҳама ҷо обод Ҷаноби Олӣ мегуянд. Дар мактаб чулкипӯшӣ ва рақсро ба роҳ монда ҳамаро даюс карда истодаанд.

Мактаби № 33 азони Кулканд боз як муллои чоплус дорад, кори хайрда биёед мегуяд, аммо ёрдам ба дуздону ғоратгарон мекунад. Инҳо дар назди Аллоҳ ҷавоб мегуянд, ин ша Аллаҳ. Ин беномусҳо аз ҳарфи ҳақ гуфтан худдорӣ мекунанд аммо барои дуздон дасти ёрӣ дароз мекунанд.

Муллоҳои дарборӣ маъракаи ҷамъоварии пул барои гуё ободони макотибро сахт ҷонибдорӣ карда ташвиқу таблиғ карда истодаанд. Ин муллоҳо худашон дар муҳоҷират қарор надоранд, аммо ҳамроҳи ҳукумати Раҳмонови хук хуни муҳоҷиронро хурда истодаанд. Нисбати муллоҳои худотарс эҳтиром дорам. Аммо ин муллоҳои хокзан ба чашми мардум ва тамаллуқкор ба ҳукуматро чашми дидан надорам.

Яке аз онҳо Зафар Ҷамолов аст, муллои чоплус. Аллоҳ ҳидояташ кунад. Шояд аз маҷбурӣ гуфта истода бошад, аммо бас будагист. Маъракаи ҷамъоварии пулро Дустматов Баширхон сар кард. Вай дар Русия дар Питер бригадир буд, зердастонашро чандин борҳо кидат кардааст. Ҳоло воҳима карда гуфта истодааст: Аввалин бинои мактаб дар деҳаи Кӯлканд аст, биёед барои обод кардани ин бинои таърихӣ бе тараф набошем гуфта даст ба талбандагӣ зада истодааст.

Бовар кунед, ки кори ободиву тармиму таъмир кори  хуб аст. Аммо пас давлат чи кор мекунад? Ҳукумат чи кор мекунад? Чаро масҷидҳои мардумро мебандеду маҷбур мекунед, ки аз ҷойи ҳукумат мардум мактабҳоро таъмиру тармим кунад? Ман бовар дорам, ки пули ҳамаи ин ободиву таъмирҳоро, яъне маблағҳои бузурги ҷамъовардаро ҳатман боз аз ҳисоби бюҷет мегиранд ва аз ин пули мефиристодаи муҳоҷирон ҳам ҳади ақал 10%-ро барои ободонӣ сарф намекунанд. Ҳамаашро медузданд, списат мекунанд, перепис мекуннд. Онҳоро дар асл кӣ назорат мекунад? Ҳеҷ кас! Садҳо ҳазор сомониро аз мардум ҷамъ меоваранд, касе намегӯяд, намепурсад, ки ин кори шумо бар асоси кадом қонун аст, ба шумо ин ҳақро кӣ додааст?

Дар охир аз раиси ҷамоати Кулканд Аббосидин Маҳмудов  як хоҳиш дорем,ки дар ин қазияҳо бини нахалонад. Барои футболбозон пул талбид мо аз русия фиристодем. Боз мо худамон барои маъюбон аз русия муҳоҷирбачаҳо пул ҷамъ карда фиристодем,то аробача ба маъюбон тақсим кунад. Аммо ношармида ин кумаки муҳоҷиронро аз номи “пешво” ва ҳукумат гуфта ба маъюбон тавзеъ намуд. Ҳоло мо ҳама корҳои шуморо намегуем инҷо вале мо охир сокинони Кулканд ҳастему медонем шуморо бо аҳлу оилаатон ва корҳои бе шарафиятонро ва дар сурати идома додан ба чоплусӣ ҳамаро дар хидмати “Ислоҳ” мегузорем, то расонаӣ намояд. Аз мо як огоҳи буд ва он тарафаш ба шумо вобастагӣ дорад!

Қубодиён

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Дар ҳақатон ҳамеша дуогӯ ҳастем. Гумон мекунам, маро шинохтед.Аз деҳаи Бошқалъа, ҷамоати Утақара Назаров, ноҳияи Қубодиён.

Намедонам, ки аз кадом мушкилиҳо ва хиёнтҳои мақомоти дузду ғоратгари Раҳмонов дар ин ноҳия шуруъ кунам. Ин ноҳақиҳову зулмҳоро дида дардам мекунад. Умед дорам, ки дер давом накунад.

Дар рӯзи Иди Қурбон бозори ноҳияи Қубодиён ба хок яксон шуд. Оташ гирифт. Чанд соли пеш бозори Шаҳритус ҳам дар рӯзи ид ба хок яксон карда шуда буд. Ин Муҳиби беимони номард, бародарзани Эмомалӣ Раҳмон, бале, додари Азизмоҳи газетхонак ин корро карда буд. Ҳамон сол халқи Қубодиён гуфта буд, ки «ба мо чи ки бозори Шаҳритуз сухт, аз они мо не ку?» Ва ягон кас он вақт аз халқи ҷабрдидаи Шаҳритуз дифоъ накард. Аммо имсол ин бадбахтӣ ба сари худи қубодиёниҳо ин мусибат омад. Ин Муҳиби номард имон надорад. Кори шахси Муҳиб буд, сухтани бозори Қубодиён. Ин шаАллоҳ рӯзе ба дасти мо меафтӣ, рӯзе ба ҳар як кори кардаат ҷавоб мегӯӣ. Ман намефаҳмам, ки чаро ин халқ фақат шукр карда, тоқат карда истодааст. Дар ҳоле, ки Муҳиб зулму ситамашро ҳаррӯз зиёдтар карда истодааст. Эй, мардон, духтаронатонро ягон рӯзе нест, ки таҷовуз накарда бошад, ё занҳоятонро.Чаро аз номуси зану духтаронатонро дифоъ намекунед. Зану духтаронатонро ин ҳукумати золим расво кард. Як коратон ва коргоҳатон монда буд, яъне бозор, ки онро ҳам хусурбачаҳо кашида гирифанд, акнун чи кор мекунед, чи кор мондааст, ки ин ҳукумату хусурбачаҳо нокарда гӯед, ҳамон ҳам дар ҳақатон иҷро кунад. Наход то ба ин дараҷа ин халқ беномусу бенанг шуда бошад. Дар ягон давру замон тоҷик ба ин андоза хору залил шудааст, ғулом нашудааст?

Инро хуб донед мардум! Мурдан ё зиндонӣ шудан дар амри мубориза бо ин ҳукумати золим ин шараф аст. Чаро метарсед? Ин Раҳмонов ҳамон Намруд ва  Фиръавн аст. Мо бояд бар зидди ин фиръавн мубориза барем.

Модарам мегуяд: «Бачам, агар ту дар ин роҳи интихоб кардаат зиндон ё шаҳид бишавӣ ман аз ту фахр мекунам». Барои чи модарам ин гапро мегӯяд? Модарам медонад, ки Раҳмонов фиръавн аст. Агар ҳар касе аз Раҳмонов дифоъ мекунад, бидонад,ки шумо аз фиръавн дифоъ карда истодаед. Ин Раҳмонови касифи беимон дар назди Аллоҳ ҷавоб мегуяд.

Ман худам, узбек ҳастам. Аммо, ман аз ин тоҷикҳо ҳайрон мешавам. Инҳо чаро ин гуна ғулом шудаанд? Лекин мо узбекҳо ҳеҷ гоҳ ғулом набудем. Аммо дар ин ҳукумати золим ғулом шудем. Мо барои шаҳодат ва зиндон бар муқобили ин ҳукумати золим омода ҳастем.

Ман ба мардуми шарифи Истаравшан гуфтаниям, ки бо шумо ифтихор мекунам. Фахр кунед, ки номуси як духтарро, як хоҳарро ҳимоят кардаед. Мо ба модарони шумо ифтихор мекунем, ки мисли шумо шермардонро ба дунё овардаанд.

Хитоби ман ба мардони Қубодиён ва Шаҳритус!

Шумо дар Русия дар ҳар маъракаатон даҳонҳоро пур карда гап назанед, илтимос рафта зану духтаронатонро аз таги ҳукумати Раҳмонови касиф бароред.

Боз хитоби ман ба ҳоҷӣ Фарҳод. Ака ман дар номаи гузаштаам дар бораи шумо гуфтаам, боз хафа нашавед. Ман чи гуфта бошам ҳам ҳақиқатро гуфтам. Медонам ҳақиқат талх аст. Шумо беҳтарин шахс будед, бисёр кӯмакҳо кардед ва то ҳол карда истодаед. Фикр мекунам, ки ин кумакҳоятон ҳамааш бефоида аст, агарки аз он кумакҳо умеди савоб дошта бошед. Барои онки шумо ба ғайр аз кумак ба бечорагон ба ҳукумати Фиръавн ҳам кумак карда истодаед. Ба фикрам, ки ишораҳои гапамро фаҳмидед. Бо кумаки шумо ин Бузмаков ва сагҳои Бузмаков ҳар ҷинояте ё ҳар таҷовузе мекунад. Дар номаи аъмоли шумо ҳам навишта мешавад. Агар мисли Фарҳод тоҷирон ба ин генералу прокурор ба ин маоши медодаи Раҳмонов генералҳо ҳатто шикамашонро сер карда наметавонанд,

Хитоби охирини ман ба генерал Абдураҳмон Аламшозода-Бузмаков аст. Сагбачаҳоятро ҷамъ кун. Барои манро ба ватан   бурдан ба Русия равон кардӣ. Иншоаллоҳ, ки бурдан наметавонад. Ин сагҳоят ҳам мисли худат. Агар пул диҳӣ занашро бароварда медиҳад. Так что охири ҳукуматдориатон омадааст. Рӯзҳои наздик вомехурем. Бузмаков барои маро бурдан бефоида худатро ва пуштатро надарон. Худам меравам, онҷо мебинам, ки аз дастат чи меояд? Худо моро ҳифз кунад аз шумо номардон!.

Чи хеле ваъда карда будам, дар бораи суд ва замначалникҳои отдели Қубодиён маводҳоро тақрибан омода кардаам. Ин ша Аллоҳ рӯзҳи наздик равонатон мекунам. Ҳеҷ вақт руҳафтода набошед. Охиру оқибат ҳамеша ҳақ бар ботил ғалаба кардааст.

Фархор

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман як корманди идораи суди ноҳияи Фархор ҳастам. Ман инҷо адабӣ гап намезанам. Чунки ба баъзеҳо нофаҳмо боқӣ мемонад. Чандин сол дар суд кор кардам, нав аз кор гирифтанам. Чунки Иброҳимзода Сунат маро чап гирифта буд. Барои онки ман делоҳои ноҳақро намегирифтам. Вале ӯ маро маҷбур  мекард, ки гуфтагии маро иҷро кун. Иброҳимзода Сунат судяи ноҳияи Фархор аст. Агар ягон делои одами пулдор биояд, сраза мегуяд, ки «мада равонш кнен». Вақте дело пурра омода бишавад, меорандаш. Нархаш аз 10.то 300.000 сомонӣ аст. Дуздҳои гузаро ва ашаддиро меоранд, аз 200 ҳазор сомонӣ боло дуздидагианд, мебаровардашон. Ман кову чов кардам, пурсидам аз худаш. Гуфт, ки 15 шогирд дорад, Фархорро «тоза» мекунанд. Ман чизе нафаҳмидам. Боз пурсидам, ки аз ин ҳарфҳои шумо чизе нафаҳмидам. Баъд ҳақиқати корро нақл кард.

Дар бораи Умаров Мансур, сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, ки он вақтҳо дигар вазифа дошт ва хонаводаи вай гуфт.

Суннат Иброҳимзода хонаи Фаридун Умаровро ғорат кард

Як шогирдам гуфт, ки дар хонаи Фаридуни пантера, бародари Умаров суми бисёр баҷо кардагӣ ҳаст, масъаларо дидан даркор. Иброҳимзода Сунат гуфт, ки рафтам камера задам, дар ин бараи роҳ. Аз он параи роҳ ҳам ҳаррӯза ҳаракатҳояшро медидам: «кай медароянду кай мебароянд».Ин хонаи бародари Умаров Мансур аз бинои суд ду хона онтарафтар, дар лаби роҳи калон. Як рӯз як шогирдам омада маро гуфт: ака маъракаи калон доранд, масъаларо дидан даркор. Ман гуфтам 5 нафаратон масъаларо шаби маърака бинед. Шогирдҳо рафтанду заданд хонаи бародари Мансур Умаровро: як пистолет, як автомат, 5 кило тилло, хеле майдачайдаи тиллоии бисёр ва 500.000 доллар гирифта оварданд. Ин шогирдони ман боифтихору бо як кибру ғурур гуфт Сунат ҳақҳояшонро мегиранду мераванд аз пайи зиндагиашон. Ман лолу ҳайрону музтар мондам. Бо гӯшҳоям бовар намекардам, ки судяи ноҳияи ҷияни раиси КДАМ-и Тоҷикистон шогирдони дузд дорад, ки хонаҳои одамҳоро мезананд.

Сунат ҳикояташро барои ман давом дод:- Боз дар Карл Маркс аз як соҳибкори серсум буд. 2 нафар шогирдҳо рафтанд дуздӣ ва заданд хонаро. Доллару сомонӣ 1250000сомонӣ гирифта оварданд. Шогирдҳои ман боистеъдоданд.

Вале аҷиб инки Сунат Иброҳимзода ному фамилаҳояшонро бар ман дод, ки ҳар гоҳе куҷое баромаданд ё қапандшон ё маро хабар бидеҳ. Кришаваташон мекард.

Умарову бародарш як хешашро, ки дар хонааш кор мекард, шубҳа ба дуздӣ карда бурданду заданду заданд. Гуфтанд сумҳоро ту гирифтӣ. Аммо он хешашон гуфт «бкшенма ма накардам чихел ба кала гирам». Сарнавишташ чи хел шуд номаълум.

Аз деҳаи Карл Маркс ду нафарро гунаҳгор карданд, дар телевизион бароварданд, дар Ютуб ҳам ҳаст. Аммо дузди ҳақиқӣ дар озодӣ гашта истодааст.( ному насаби ин афроди мафияи Сунат Иброҳимзодаро ба “Ислоҳ” фиристодаанд вале хоҳиш намуданд нашр нашавад)

Ончи ки гуфтам, ҳамааш ҳақиқат аст. Ҳамин ҳоло равед хонаи Иброҳимзода Сунат. Ҳатман пистолету автомат бо тирҳояшро меёбед. Хонаи Иброҳимзода Суннат  бари беморхонаи деҳаи Туғул, хонаи якум, руятро тарафи болнитса кунӣ, тарафи чап, таҳхона дорад. Дар он подвал боигариву дуздиҳои Ироҳимзода Сунат хранит карда мешавад. Як нафар дуздбачаи дигар дорад, номашро намегӯям, шогирди асосии асосиаш. Ҳозир, «дани мамент бо лақаби қоҷала машҳур аст».

Як мошини прастои Шевралет дорад. Героинро аз афғонҳо дар Фархор мегирад, мустақим мебарад Хуҷанд. Онҷо боз ду шогирди дигар дорад. Якеаш сардори милисаи Бобоҷон Ғафуров буд. Ба ӯ месупорд. Вай Қирғизистон равон мекунад. Худаш гоҳо қоил мешуду лоф мезад, ки ман бо сумам Фархорро ранги Дубай мекунам.

10миллон доллар дорам мегуфт, ғайр аз хонаҳоям. Ҳисоби аниқи хонаҳояшро фақат худаш медонист. Ин Сунатро ҷиноятҳояш бисёр аст, чанд ҷилд китоб мешавад.

Ҳоло маро кофта истодаанд. Чунки аз ман «дилошон дур меравад, маро мумкин ёбанд».Оҳиста- оҳиста ҳамаи дуздиҳояшро ба “Ислоҳ” мефиристам, то ҳама донанд.

Суди Фархор Раҳмонзода Хуҷамурод Раҳмон ранги Иброҳимзода Сунат ҳароми беимон нест. Одами хоксор аст, аммо ҳаромхуриашро мекунад. Ба ҳар ҳол дузди бо инсоф аст. Кабинети Сунат Иброҳимзода дар қафои суд, пеши туалет аст, угловой.

Миллионҳо суми мардумро аз барои героин мегиранду бинои суд бошад аз давраи СССР мондааст. Як бародар дар яке аз барномаҳоятон гуфта буд, ки Иброҳимзода ду зан дорад. Ин рост аст. Вай бисёр зинокор аст. Иброҳимзода як тағо дорад, номаш Ҷамшед.Ҷамшеди бародари СС.Ятимов. Дар хонаи падариаш зиндагӣ мекунад. Хонаи ҳамсояашро бо як суми ночиз гирифт. Аз ҳисоби он ҳавлиашро калон кард. Инҳо гушнаҳои якумрианд.

Ду зан дорад. Зани деҳаи туғулиашро қариб, ки пешаш намеояд. Кадоме зангир бошад, марҳамат, биёяд барои хонадомодшавӣ. Духтарҳои Ҷамшед ҷалаби таёранд, талабаи мактабанд, товба як корҳое мекунанд, ки ба ақли одамизод рост намеояд.

Кадоме мегираш аниқ нодухтар аст. Сунат Иброҳимзода қариб, ки тамоман дар вақти корӣ нест. Мегуяд, ки «ма г….м ҳукумата». Манзураш пешворо . Дар кор нест, одамҳо меоянд намеёбанд ӯро. Биояд ҳам як соат меистад. Бо прокурор мераванд «отдих» -дамгирӣ, ошхонаи «Шому саҳар» ё ошхонаи гардиши Ламан дар деҳаи Аловиддин. Як вақтҳо чанд сол пеш 75нафарро барои героин қапида буданд. Главнияшон ҳамин Иброҳимзода буд, дуюмӣ- раиси ноҳия Фархор Раъно Мирзо буд. Якҷо бо бародари Мансур Умаров, яъне Фаридуни пантера, бо ронандаи раиси ноҳия, бо началник милиса, началник ГАИ-и Фархор ва чандин жуликҳои дигар ҳамаашонро аз вазифаҳо гирифтанд. Ба ҷуз аз Иброҳимзода Сунат. Фаридунро бурда махкам карданд. Мансур Умаров рафт пеши президенту удостоворенияшро баровраду пешаш монд. Ва гуфт, ки додарамро қапиданд, ман бас мекунам. Президент  «гуфтакш, ки рав кор кун гунаҳгор додартай, пеши қонунда ҷавоб мега, рав корта кардан гир.” Фаридунро маҳкам карданд.

Аз фикри хиёли Фаридун очааш мурд, падараш давлени шуд.

Хитоб ба президент Эмомалӣ Раҳмон!

Агар Иброҳимзода Сунатро аз вазифааш нагирӣ чандин ҳолатҳои одамкушиатро, ки ҳоло секрет аст мебарорам ва ба мардум мегуям. Якто аз ин ҳолатҳоро ҳозир мегӯям.

Ёдат бошад Нусрати бетурсукро роҳӣ кардӣ. Нусрат шогирдашро гирифт. Шогирдаш Бузмаков буд. Аз ҳамон вақт милиса, капитан буд. Рафтанд пеши вазири пешинаи милиса

Нусрат ҳамроҳи Бузмаков рафт пеши собиқ вазир Маҳмадназар Салихов . Тарафи вазир Маҳмадназар Салихов гуфтааст: «калон мега пеши ма биёренш. М.Салихов  тарафи Нусрати бетурсик гуфтай, брен фалон кардагиям калонтона». Барои он ин гапро гуфтааст, ки ҳама дуздиҳои президентро медонистаст ва телефонҳои авлодашро гуш ва запс мекардааст, мавод омода мекардааст. Чанд маводи он сабтҳо дар дасти ман вуҷуд дорад,ки хело ҷолибанд. Зани президент ва секретҳои вайро хуб медонист.

Ин корҳоро президент даракашро меёбад. Баъд Нурсрати бетурсукро роҳӣ мекунад якҷо бо Бузмаков. Ба хонааш мераванд. Нусрат якум медарояд.Аммо дер мекунад.Аз қафояш Бузмаков медарояд, ки М.Салихов  ҳақорат дорад. Бузмаков сраза дар ҷояш меистад. Дар пешонияш мепаронаду меравад пеши президент ва ҳама чиро нақл мекунад. Дар ҳамонҷо Президент Бузмаковро шинохта ва сипас вазифааш медиҳад.

Аҷиб, ҳозир барои одамкушӣ генерал медодаанд. Ин хели ҳодисаҳо зиёд аст.

Душанбе

Дуруди Худо бар шумо бародар Муҳаммадиқбол. Ман роҷеъ ба фурудгоҳи Душанбе мехоҳам гап занам. Вақте Русия омаданӣ будем дар фурудгоҳ аз мо беҳуда ва мешавад гуфт, ки ба зӯрӣ сум гирифтанд. Номи он одами сум гирифтагӣ Зайнулло аст. Агар хато накунам калони таможенный будааст. Вақти аз фурудгоҳ баромадан паспорти тоҷикӣ талаб мекунанд. Агар надошта бошӣ сум мекананд.

Аз мо боз суми русӣ гирифтанд, баъд сар доданд. Ман намефаҳмам паспорти тоҷикӣ чи даркор барои Русия рафтан? Ин тамоман як намуди наказат кадан аст. Чунки медонанд 99% вақте Русия мераванд паспорти тоҷикиашонро бо худ намегиранд ва дар ҳеҷ куҷо ҳам эълон накардаанд, ки паспорти дохилиатонро ҳам бо худ дошта бошед. Ин танҳо аҳмақ кардан ба хотири пулситонӣ аст.

Ман шаҳрванди Русия ҳастам. Вале аз Тоҷикистон даст накашидаам, фақат ба паспорти русӣ парвоз мекунам. Хоҳиши ман аз шумо ин аст ки ин номаи маро хонед ва ба мардум бифаҳмонед, ки касе пул надиҳад. Чунки ҳақи ин гуна поспорти тоҷикӣ ҳамроҳат ҳаст гуфта пурсиданро надоранд.

Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ташаккур, ки навиштаҳои пешинаи моро ба нашр расонидед. Мо, ҳамон гурӯҳи кормандони КДАМ ҳастем, ки аз ин ҳама бедодгарҳои ин режими диктаторӣ барои шумо навишта истодаем. Ин бор низ дар бораи чанд масъала бо шумо мушоҳида ва фикру ақидаамонро дар миён мегузорем.

Бовар кунед, дар зиндонҳо ҷои холӣ намондааст. Дар як зиндоне, ки барои 900 нафар пешбинӣ шудааст 3200 нафарро, ки аксарият бегуноҳанд, нигоҳ медоранд. Бовар кунед ин Эмомалӣ ҳатто ба Сангак, ки ба сари қудрат овардаш раҳм накард. Ва як ҳикоят аст ки як рӯзе Эмомалӣ ба сари қабри Сангак зиёрат меравад. Дар сари қабр ҷои дуову фотиҳа хандида мегуяд «киҷо шуд ӯ хама блатнойт, ҳаа вор закон ҳоло дар болой қабрат ҳатто ягон касе нест, ки пешоб кунад». Ва мардуми тоҷик инро фаромӯш накунед, ки то Эмомалӣ дар сари қудрат ҳаст, шумо ҳаёти ширин ва осударо нахоҳед дид.

Оё ба шумо ҳамин тарзи зиндагӣ писанд аст? Беҳтарин лаҳзаи умри инсон ҷавонӣ аст, ки бояд дар пеши падару модар, дар пеши зану кудаконатон гузораронед, аммо касофатии ҳамин Эмомалӣ ҳаст, ки мардбачаҳои тоҷик дар Русия ғуломи урусҳо шуда овораву саргардонанд. Солҳои зиёд мардуми тоҷик худашонро дар Русия чечену доғистонӣ гуфта мегаштанд, аммо ҳоло бошад худашонро ҳатто қирғиз гуфта мегарданд ки ин як нанг аст ки аз миллати худ ор мекунанд.

Воқеан вақте мо азоби мардуми тоҷикро мебинем, бовар кунед,ҷигарамон месузад. Вақте ки модари тоҷик дар сини пириаш ба мардикорӣ мебарояд, вақте мебинӣ аксарияти оилаҳо нони хурдан надоранд, ҳатто бехонаву бе дар, дар кучаҳо зиндагӣ мекунанд, аммо дар туйи Сомони Эмомалӣ аз 10миллион бештар сарф карда қариб як моҳ дар кохи Сомону дар ресторани Ҳайят ва ҳатто дар Лондон ҷашну хурсандӣ карданд.  (Дар бораи арусии Сомон, ки як мавзуъи алоҳида аст ин шо Аллоҳ дар матлаби дигар аз ҷузъиёташ хоҳем навишт).

Чаро мардум як бор аз ҳукумат талаб намекунанд, ки чаро дар мудати 30 сол ягон заводи истеҳсолӣ бунёд накард. Дар Тоҷикистон ҳатто як зубачиска истеҳсол намешавад гуем ҳам хато намекунем. Баракс чанд заводи аз солҳои Союз мондаро домодҳои Эмомалӣ харобу валангор карда ба яғмо бурдаанд. Дар Осиёи Марказӣ  калонтарин заводи истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон буд, аммо бо касофатии Ҳасан Асадуллозода аз кор монд. Ин заводро Ҳасан кайҳо аз они худ кардааст ва солона ба садҳо миллион сомонӣ пули барқро бо нархи арзонтарин дастрас карда ҳатто ҳамонро ҳам пардохт намекунад. Роғунро ҳам амалан Ҳасан Асадуллозода шахсӣ карда гирифтааст.

Як ҳикояти воқеӣ. Як руз Ҳасан Асадуллозода бо Эмомали Рахмон нишаста хуроки шом мехуранд ва дар ин вақт Шамсулло Соҳибов-шавҳари Рухшонаи духтари Раҳмонов омада ҳамроҳ мешавад. Шамсулло ба Ҳасан мегуяд даромадат дар як руз чанд ҳазор доллар аст?   Ҳасан мегуяд дар як руз 300ҳазор доллар вале мехоҳам онро ба миллион табдилаш диҳам. Ана ин аст ҳукуматдории Эмомалӣ Раҳмонов.

Аммо мову шумо дақиқ медонем, ки аксари мардум ҳатто нонпулӣ намеёбанд. Шумо медонед, ки дар суратҳисобҳои оффшории ин авлоди ҷинояткор чи миқдор сум ҳаст?

Дар суратҳисоби оффшории Эмомалӣ Раҳмонов, Бег Сабур- қудои Эмомалӣ Раҳмонов, Рустами Эмомалӣ, писари Эмомалӣ Раҳмонов, Озода Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмонов, Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмонов, Ҳасан Асадуллозода, додарзани Эмомалӣ Раҳмонов, Зоир Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмонов, Исмоил Соҳибов, набераи Эмомалӣ Раҳмонов, Таҳмина Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмонов, Зарифбек Давлатов ва Ашраф Гулов, домодҳои Эмомалӣ Раҳмонов садҳо миллиард доллар дар умум  нигаҳдорӣ мешавад, ки асосан дар бонкҳои Бритониёи Кабир, Шветсария, Фаронса, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳадиаи Араб нигаҳдорӣ мешаванд. Дар амният пешбинӣ мекунанд, ки ҳангоми фирори ин оила Раҳмонов ва авлодаш ба ҳамин мамлакатҳо мегурезанд.

Бинобар маълумотҳое, ки мавҷуд аст пулҳои дуздии СС.Ятимов 4.5млрд доллар дар банкҳои хитоӣ нигаҳдорӣ мешавад ва эҳтимол меравад дар ҳолати барканор шуданаш аз вазифаи раиси КДАМ ба Хитой меравад ва дар онҷо паноҳгоҳ мегирад. Ана акнун худ қазоват кунед, ки бюҷети Тоҷикистон аз 3 миллиард доллар як каме зиёдтар мебошад, ки 10 миллион нуфус дорад. Аммо бюҷети режими Эмомалӣ ва оилаву дастаи ҷинояткораш беш аз 200 миллиард доллар мебошад. Дар давоми ин 30 соли давлатдориаш хуни мардумро мисли кана макида ғорат кардааст. Ва агар ин маблағҳо барои ободии Тоҷикистон масраф ва корхонаҳои истеҳсолӣ сохта мешуд, ҳоло 2.5 миллион тоҷик муҳоҷир нашуда дар ватани худаш,дар пеши наздикони худаш кор ва фаъолият мекард. Баръакс русҳо ба Тоҷикистон омада кор мекарданд. Аммо Эмомалӣ баракс ва дидаву дониста ҳамаи ана ҳамин мусибатро бар сари мардум овардааст. То ки мардум доимо дар фикри як бурда нон бошанду ба ягон фикри сиёсӣ наандешанд ва дар сарашон фақат ва фақат мушкилоти дарёфти нону об бошад. Шумо ҳайрон нашавед, ки ин қадар маблағро ин дастаи ҷинояткорон аз куҷоҳо ёфта истодаанд:

1) аз тиҷорати маводи мухаддир;

2 ) аз фурӯши яроқ ба афғонҳо. Эмомалӣ Раҳмонов силоҳи зиёдеро аз Русия мегирад ва ба афғонҳо мефурӯшад;

3) аз фурӯши неруи барқ. Бояд мардуми кишвар як нуктаро сахт бифаҳманд, ки қарздории ширкати «Барқи тоҷик» ин як кори дуруғӣ ва сохта аст. Ин пулҳоро ҳам барои фурӯши барқ ба хориҷа ва ҳам ба дохил Раҳмонов ва дастаи ҷинояткору ғоратгари вай гирифта истодаанд;

4) аз фурӯши канданиҳои фоиданок ва маъданҳои куҳӣ. Барои мисол кони тиллои Шугнов аз худи Эмомалӣ Раҳмонов аст. Дар конҳои тиллои ноҳияи Айнӣ асосан Ҳасан Асадуллозода хуҷаин ва соҳиб шудааст.Аз фурӯши конҳо ба хитоиҳо миллиард-миллиард гирифт. Сангҳои қиматноки Помир аз Рустам, конҳои ангишт аз Бек Сабуру Ҳасан Асадуллозода ва Шамсулло Соҳибов, ҳамин тавр гази моеъу ширкати Талко ҳам аз Ҳасан Асадуллозода аст;

5) аз ҳисоби қарзҳои хориҷӣ, махсусан қарзҳои аз Хитой ба ҳисоби давлати Тоҷикистон гирифтаанд Лекин дар асл хеле аз ин қарзҳо ба хазинаи Озода ва Ҷамолиддини шавҳараш рафтаанд.

6) духтарбизнес, ки бештарашон ноболиғ мебошанд. Ин бизнесро Зоири домоди Эмомалӣ дар ихтиёр дорад, ки онро ҳамроҳи Исмоили писараш ва ошноҳои вай мечархонанд. Ҳар як духтарро ба маблағи то 250.000 долар ба хориҷи кишвар бурда мефурӯшанд;

7) манбаи дигари даромади калони ин оила, бюҷети Тоҷикистон аст. Он рақаме, ки барои бюҷет нишон медиҳанд воқеӣ нест. Бюҷети Тоҷикистон ҳади ақл ним баробар бештар  аз ончи нишон дода мешавад аст. Аммо он пинҳон карда мешавад ва барои тиҷорат ва корҳои шахсии Раҳмонов ва оилаи вай сарф мешавад.Танҳо як намуна меоварем. Маблағе,ки барои нигаҳдории Рухшонаи Эмомалӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир сарф мешавад даҳ баробар бештар аз оне ҳаст, ки дар коғазҳо навишта мешавад.

Ва, хитоби мо махсусан ба кормандони вазорати дохилӣ ва кумитаи амният.

Бародарони азиз! Ин ҳама натиҷаи кори мову шумо аст, натиҷаи зулм болои миллат аст. Мо фақат ва фақат хазинаи як дастаи ҷинояткорро пур аз тиллову долларҳои амрикоӣ кардему халос. Шумо хуб медонед, ки вақте косаи сабр лабрез шуд, корд ба устухон расид, раҳму шафқат аз дили мардум гум мешавад ва мардум ба кучаҳо баромада ҳамаро ба ҳам зананд, он гоҳ дер мешавад. Пеши роҳи ин мардумро дигар чизе гирифта наметавонад.

Бори дигар такрор мекунем, ки ҳамаи мову шумо хуб медонем, ки дар вақти инқилоб ҳамаи инҳо гурехта мераванд, боз шумо бо зану кудаконатон мемонед. Дар он ҳолат вой бар ҳолатон. Агар кор то ба он ҳад равад, махсусан худи мо як гуруҳ кормандони КДАМ, ки номҳои ҳар як нафаратон ва суроғаи хонаатонро дар даст дорем дастраси халқи бағазабомада хоҳем супурд.

Дар ин вазъият ҳоли шумо чи мешавад, худатон фикр кунед. Бо милисаву ОМОНу Алфа, ки агар ҷамъоҷамъ ҳисоб кунем 16 000 ҳам намебарояд чи гуна пеши миллионҳоро мегиред? Барои ҳамин биёед сарҷамъ ва муттаҳид бишавем. Дигар ҳар нафаре, ки зидди Эмомалӣ гап мезанад, кор нагирем ва бояд дар хизмати халқ бошем, на дар хизмати Эмомалӣ Раҳмонов. Охир Эмомалӣ худаш кӣ аст? Як рӯз не як рӯз мемирад. Аммо миллат ҳаргиз нобуд намешавад, то лаҳзае, ки Аллоҳ розист.

Охир ин Эмомалӣ халқи тоҷикро мисли ҷугиҳои беватану миллати кучманчӣ кардааст.

Агар ҳамин вазъ 20 соли дигар равад аз тоҷик гуфтанӣ миллат ному нишоне боқӣ намемонад. Дар ин 30 соли ҳукмрониаш Эмомалӣ Тоҷикистонро 130 сол ақиб андохт.

Бубинед, Амрико дар 6 ва 9 августи соли 1945 дар ду шахри калонтарини Япония- Ҳерасимо ва Нагасаки бомбаи атомӣ партофт. Япония ба солҳои асри санг монанд шуда буд. То ҳоло дар ин ду шаҳр сабза ва ниҳоле намеруяд. Аммо баъд аз 15 сол Япония якумин роботро ихтироъ кард ва ҳоло дар ҷаҳон аз ҷиҳати кибертехника якум аст ва яке аз мошинҳои пеши дунёро истеҳсол мекунад.

Аммо Эмомалӣ ҳоло ҳам дар ҳар як баромадаш халқро ҳушдор дода метарсонад: «ҳо, хушёр бошед, ҷанги соли 1992-ро аз ёдатон набароред ва таъна карда мегуяд, ман будам, ки ба шумо сулҳ овардам. Боз мегуяд, ки шукронаи ман кунед.” Вале як бор мардум ва миллат аз ин Эмомалӣ намепурсад, ки магар ин худи ту набудӣ, ки бо танку тупи бегонаҳо халқи тоҷикро қир кардӣ! Намепусад, ки агар ту сулҳ оварда бошӣ, чаро баъди Иҷлосияи 16 боз панҷ соли дигар ҷанг кардӣ?

Эмомалӣ Раҳмонов бо ин дуруғҳояш майнаи мардумро заҳролуд карда намехоҳад, ки аз ҳукумат равад. Баракс зану бачаву духтару домодҳояшро болои мардум оварда аз ҳисоби мардум ва миллат дуздӣ карда ба кайфу сафо машғул аст.

30 сол аст ки мо пешравӣ надорем. Ҳар пешравӣ, ки ҳаст барои оилаи худаш кардааст.

Дар мобайни давлаҳои СНГ аз ҳама қашшоқтарин, аз ҳама ақибмондатарин Тоҷикистон аст. Бояд мо ошкоро бигуем, ки Эмомалӣ тоҷик нест, тоҷикҳоро бад мебинад, аз ҳамин сабаб дар мақомоти қудратӣ тоҷикҳоро намегузорад.

СС.Ятимов қалуғ аст, Рамазон Раҳимзода узбек аст, Шермуҳаммади Шоҳиён падараш узбек модараш тоҷик аст. Шоҳиён дар соли 1987 бо ҷурми дуздӣ, модди 244 қ.2 дар зиндони Ёвон ба муҳлати 2 сол шиштааст. Одаме,ки тюремшик аст, ҳоло раиси Суди олии Тоҷикистон аст. Мансур Умаров ҳам падараш ҳам модараш узбек аст. Умаров бойфренди Фируза, духтари калонии Эмомалӣ аст. Фируза очаи Исмоили дастбахайр, ҳамсари Зоир Соҳибов мебошад. Солҳои пеш Мансур Умаров телехи асосӣ ва ронандаи оилаи Эмомалӣ буд ва бо Фируза алоқаҳои зич доштааст, баъдан сардори муҳофизони Эмомалӣ ва баъд муовини раиси КДАМ  ва ҳоло бошад сардори УИД-Идораи зиндонҳои Тоҷикистон аст.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет» №39 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №37
«Номаҳо аз ноҳияҳо» на танҳо ба пули робита, балки ба маҳфили ғоибонае табдил шудааст, ки тавассути он мардуми шарифи кишвар табодули афкору ақида мекунанд, ба ҳамдигар хабару паём мерасонанд, аз ҳолу аҳволи якдигар огоҳ мешаванд ва агар маълумотҳои нашршуда носаҳеҳ бошад, талош мекунанд, ки дар навбтаи баъди шакли дурусту саҳеҳи онро пешниҳод кунанд. Ҷолибтарин ва беҳтарин коре, ки «Номаҳо…» анҷом медиҳад, ин аст ки симои аслӣ ва киву чи кора будани чоплусонро ифшо карда истодааст. Чоплусоне, ки дар «Минбари муҳоҷир» худро ба ҳар ранге ҷилва медиҳанд ва ба ҳар ранг ҷома мепушанд, дар «Номаҳо…» аз тарафи ҳамкучаву ҳамдеҳаву ҳамшаҳриву ёру ошнову шиносҳояшон барои мо муаррифӣ ва шиносонида мешаванд. Ин ҷиҳати кор барои он хуб аст ки ин чоплусон минбаъд  худро ва касби худро пинҳон кардану дуруғ гуфтан истиҳола мекунанд, чунки халқ онҳоро мешиносад ва дар байни халқ бо номи чоплусу лаганбардору пуштупешлес зиндагӣ кардан душвор аст. Нашри навбатии «Номаҳо….» ро аз ҳамин гуна як ҳолат шуруъ мекунем.

Айнӣ

Салом, бародари азиз домулло Муҳаммадиқбол!

Ҳамон ду нафаре, ки дар барномаи № 189-и «Минбари муҳоҷир» дар 30-май дар дақоиқи 3:37 то 4:00 суҳбат карданд як нафари ҳукуматиаш дӯсти наздикам мебошаду он урметаниаш муаллими тарбияи ҷисмонӣ ва мураббии карате аст. Ҷои иловагии кораш МТМУ№ 2-и ҷамоати Урметан.

Медонед барои чи айнигихову урметанихо ҳимоят аз ҳукуматро пеш гирифтаанд. Тибқи миш -мишҳои мардум пирхар –Э.Раҳмонов ба наздикӣ бояд ба Айнӣ ва махсус Урметан биёяд ( Ин сафар рӯзи 5 июл анҷом шуд ва Раҳмонов Урметан омад) Раҳмонов инҷо омада бояд лентаи як беморхонаи навро, ки аз соли 2017 аст сохтмонаш шуруъ шудааст то ҳол ба итмом нарасидааст бо қайчичаи (ножницы) сеҳрнокаш омада кушояду ба истифода диҳад. Ва, баъд дар шабкаҳои телевизионӣ нишон диҳанду  ҳама ташаккуру саноро ба Раҳмонов хонанд.

Урметан яке аз ҷамоатҳои калонтарин дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар муддати 30- соли роҳбариаш ҳатто як маротиба ҳам ба Урметан наомада буд ва акнун гуë, ки «пешвои олам барои урметаниҳо як беморхона туҳфа мекунад.»

Дар ëдам ҳаст, ки маърака ва барномаи пеш аз интихоботии соли 1994, ки рақиби Раҳмонов Абдумалик Абдуллоҷонов буд, чи тавр бо шукуҳу шаҳомати бузург мегузашт. Абдумалик Абдуллоҷонов ба Урметан омада бо мардум аз наздик шинос шуд ва вохурӣ гузаронд. Аммо ин «пешво»- имрӯза ва он замон як боевики камонбадаст, намедонам аз  руи такаббур буд ë инки аз хиҷолату изо, ки назди ин мардуми суханвару оқил биравам, чи бигуям наомад ва  дар ру ба руи Урметан ки онҷо роҳи ба тарафи Панҷакент мегузарад бо якчанд сокинони сари роҳ   вохуриашро гузаронду рафт.

Дар соли 1994 сабаби наомаданаш ба Урметан ин беқадрии худаш буд, зеро, ки медонист ӯро ягон кас дар инҷо интихоб намекунад…

Э.Раҳмонов пагоҳ (5июл) ба Урметан сафари корӣ доштааст. Аз як моҳ зиëд мешавад, ки хонандагон ва омӯзгорон тайëрии ҷиддӣ дида истодаанд.

Дирӯз як чархбол барои «испитаний» омаду дар ҷое, ки тайëр карданд, бояд мешишт. Онҷо натавонистасту дигар ҷойро интихоб кардаву тайëр кунед, гуфтааст. Дар як рӯз тамоми техникаву мардумро ҷамъ карда ҳатто то шаб барои чархболи ӯ майдони нишаст сохтанд.

Соати чанд омаданашро намедонам, танҳо медонам, ки талабаҳои мактабу омӯзгорон бояд соати 03:00 аз хоб хеста ба ҷои таъиншуда раванд.

Аз тамоми сохторҳои қудратии мамлакат алакай омада ба масҷид ва ҳатто хонаҳои мардумон ҷой шудагианд. Қариб, ки аз тамоми мактабҳои ноҳияи Айнӣ хонандагону муаллимон омадаву рафта истодаанд.

Заминҳои ҷаву гандуме, ки мардум даравидаанд, ҳукумати ноҳия фармон додааст, ки боз тезтар ҷуворимакка коранд, то инки заминҳо ба чашми пешвояшон хуб намудор шавад.

Агар ягон чоплус аз Айнӣ ë ин ки аз Урметан дар барномаатон баромад кунанд бояд дуруғ нагуянд, чунки ба ғайр аз бинои беморхона ва як парчам дигар ҳамаи он биноҳое нишон медиҳанд танҳо таъмир карда нишон дода истодаанд.

Стадион буд, толори варзиш буд, бинои ҷамоат буд.

Имрӯз соати 07:00 рӯзи 5 июл бо 4- чархболу ва хеле мошинҳои сиëҳшишаи қимматбаҳо омада буданд. Тибқи нақша бояд, ки ҳамагӣ 40- минут дар Урметан бошаду ва пас ба ш. Панчакент бояд равад…

Як далели радношаванда дорам, ки  мошини Ёрии таъҷилӣ, ки чанд сол пеш барои беморхонаи Урметан аз тарафи ҳукумати ноҳия тақдим карда буданд, ягон нафарро бе пул намебарад. Ёрии таъҷилӣ дар мо пулакӣ аст.

Масалан аз Урметан ба ш. Панҷакент агар бо мошини беморхона равед аз 120-то 130- сомонӣ мепурсанд, агар ягон таксиро худатон фармоиш диҳед 100- сомонӣ мешавад

Масалан агар аз Урметан ба Душанбе ë инки Хучанд беморро мошини «Скорая помощ» барад 500- сомонӣ мегирад, агар худи бемор ë инки соҳиби бемор таксӣ фармоиш диҳад нархи роҳ аз 350 то 400- сомонӣ поин мешавад.

Ин далели пурра тасдиқшуда барои пешвопарастон аст.

Сиктивкар

Бародар Муҳаммадиқбол салом! Ман мехоҳам, ки дар бораи нақшу саҳм ва ҷойгоҳи адвокатҳо, яъне вакилони дифоъ дар Тоҷикистон гап занам. Дар аввл як каме дар бораи худам мехоҳам гап занам. Ман 25 сол судя кор кардам, то раиси суди ноҳия ҳам расидам. Аммо, маро хушру «подставит» карданд, ки ин қиссаи дигар аст. Чанд сол шуд, ки дар Русия ҳастам. Дар як ширкат ба ҳайси юрист кор мекунам. Шаҳрвандии ин кишварро ҳам гирифтам. Зиндагию корам бад нест.

Аммо дар бораи адвокатҳо дар Тоҷикистон. Адвокат дар Тоҷикистон ба номаш вуҷуд дорад. Ягон корро иҷро карда наметавонад. Аслан на тафтишот ва на додгоҳ писанду эътибораш медиҳанд. Чунки қонуни адвокатҳо, ки дар соли 2015 тағйир дода шуд, роли бе ин ҳам пасти адвокатро пасттар кард. Масалан як чизро мегӯям. Ҳоло аз адвокатҳо  забонхат барои пинҳон доштани маълумоти тафтишот ё мурофиаро мегиранд. Аммо ин кор кай мумкин аст?

Дар ҳолатҳое, ки дар парванда ва маводҳои он сирри давлатӣ ҷой дошта бошад, дар ин маврид адвокат забонхат оиди фош накардани сири тафтишот медиҳад. Дар дигар ҳолатҳо аз адвокат гирифтани забонхат ғайриқонунӣ мебошад.

Вале дар мо тафтишот заруру нозарур, барои онки аъмолу рафтори ғайриқонунии муфаттиш  ифшо нашавад аз адвокат забонхат мегирад. Вақте адвокат забонхат барои ошкор накардани сири мурофиа медиҳад, он чи гуна адвокат мешавад?

Ва ё ҳамин тавр ба парванда задани муҳри махфӣ. Ин ҳам як бозиву масхараи дигари қонунгузорони тоҷик аст. Ба парванда, ҳатто агар ба кори давлат ҳам марбут бошад, гузоштани муҳри махфӣ қонунӣ нест. Мешавад дар ҳамон қисматҳое, ки дар воқеъ сирри давлатӣ бошад, на дуздӣ ва на тороҷу ғорати моликияти давлат, муҳри махфӣ гузошта шавад. Масалан як вазир дуздӣ кард, пора гирифт, изофанависиаш ошкор шуд, чаро онро ҷомеа надонад ва чаро барои чунин парванда муҳри махфӣ гузошта мешавад? Ин тамоман дар ягон меъёр намеғунҷад. Вақте аз назари ҷомеа пинҳон карда мешавад, баракс, сафи порахуру изофанавису тороҷгари моли давлатро аз ҳисоби мансабдорон зиёд мекунад. Дар кишварҳои пешрафта дар ҳолати риоя нашудани қонун ва поймол шудани ҳуқуқҳои айбдоршаванда, судшаванда ва худи адвокат суд дар рафти баррасии парванди тарафи судшавандаро мегирад. Ҳуқуқҳои адвокат аз тарафи мансабдорон ва хусусан муфаттишон риоя мегардад. Адвокатҳо ҳам дар фаъолияти худ мустақил мебошанд. Аз мақомотҳои давлатӣ вобаста нестанд. Дар Тоҷикистон адвокат дар ҳолате, ки агар мустақил фаъолият намояд метавонанд ӯро аз литсензияи адвокатӣ маҳрум созанд.

Ҳам забонхати адвокат ва ҳам муҳри махфии тафтишот дар парванда аз он мегӯяд, ки дар мо корҳое таҷриба ва маъмулӣ мешавад, ки дар дигар кишварҳо аслан вуҷуд дошта наметавонад.

Таййи чанд соли ахир аст ки адвокатҳо дар Тоҷикистон ба ҷуз аз миёнаравӣ коре дигар карда наметавонад. Ин як масхарабозӣ ва ҳақорати низоми қазоӣ ва ҳуқуқи башар аст.

Парванда аз тарафи тафтишот пушида мешавад, додгоҳ ҳам мисли тутӣ, мисли даҳани амак онро такрор мекунад. Агар адвокат доду фарёд накунад, агар адвокат афкори умумӣ насозад, агар адвокат дунёро ба по нахезонад, барои ҳифзу ҳимояти нафари зери ҳимояташ дона-дона иттиҳомотро таҳти шубҳа ва шак қарор дода натавонад вай чи аҳамият ва лузуме дорад? Вай муқобили ҳам айбдоркунандаи давлатӣ ва ҳам қарор мегирад ва миссияаш рисолаташ ҳам ҳамин аст. Ҳоло агар вай забонхат дод пас аз чи роҳе ҳимоят мекунад?

Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Мехоҳам ба шумо чанд маълумотеро бирасонам. Вақте мехонед, худатон хоҳед фаҳмид, ки ман кӣ астам ва дар куҷо кор мекунам.

Баъди спектакл ё авантюраи Владимир Путин ба воситаи Евгений Пригожину, сардори «Вагнер» бори дигар тасдик гашт, ки байни Кремл ва мо хунукии сахт ба миён омадааст. Дар чанд соате, ки спектакли Путин давом кард, ба Путин чанд маротиба Лукошенко, як маротибаги Токаев, Мирзиёев, Эрдуғон, Пашинян телефон карданд аммо аз Тоҷикистон ҳарфе набуд. Аз замони ба сари қудрат омаданаш Путин чандин бор спектаклҳо ташкил карда, дар байни худиҳо нафарони ба худ содиқро ташхис мекард. Путин бениҳоят маккор ва бозингар аст. Дар давоми ин ҳолат, нафаре пайдо нагашт, ки ба Раҳмонов гуяд, ки чунин куну чунон кун.

Ҳамчунин ин ҳолат нишон дод, ки армияҳои шахсии Путин ба монанди ЧВК Вагнер, ЧВК Аҳмад ва дигар, метавонанд гӯё аз пеши худ ва бо инициативаи худ амали ғасби дигар давлатҳоро ба роҳ монанд. Ин як сигнал ба давлатҳои собиқ СССР буд.

Мисол гуё яке дар Тоҷикистон ягон қувва мехезад, гӯё аз пеши худ, бе амру дастуре қуввае аз берун, переворот мекунад. Аз Кремл мегуянд, ки мо ҳам чанде пеш бо ин ҳолат ру ба ру гаштем.

Ногуфта намонад, ки дар ҳамон шабурӯзҳои ошуби Пригожин зиёд нафарони пулдор дар Тоҷикистон пулҳояшонро ҷамъ карда, нисфашро аз Тоҷикистон бароварданд.

Нақшае, ки дар Тоҷикистон бояд татбиқ мешуд қариб буд, ки дар Русия иттифоқ меафтод. Барои Раҳмонов ин бояд дарс шавад, ки Русия бо ин қадар бузургияш бо ин гуна ҳолатҳо ру ба ру мегардад. Тоҷикистон бошад дар назди ин гуна ҳолатҳо умуман тайёр нест.

Замоне, ки ягон гап мабодо шавад, МВД, КГБ умуман фармон гирифтаанд, ки наҷунбанд: «Монен меган якдигаршона хуран, кадомеш, ки зур овард ҳамуда хизмат мекнем». Ин ақида солҳои охир пайдо шудааст. Аз қафои Рустам фақат УУР-и Шоҳрух, Суҳроб Раупов, Хуршеди ОМОН, резерви Фронти халқӣ бо сардории Умар Алиматов ва дигар қумондонҳои пештараи Фронти халқӣ вале Ҳасани Ориёнбонк, Зоир, Тахминаи Рахмон, Озода ба умеди МВД, КГБ ва Миноборнанд. Чи хеле, ки гуфтем МВД, КГБ ва Миноборон ҳеҷ вақт намеҷумбанд. Исмоил бошад, ки ба ин саҳна даромада истодааст, дар гирди худ кудаки бисёре ҷамъ кардаасту кораш фақат доля ҷамъкунӣ аз бизнесменҳо. Сомони Эмомалӣ ҳам ранги Исмоил.

Аз 6 соҳибкор хабар омад, ки Авесто- групп тиҷорати онҳоро кашида гирифтанист. Бизнесҳои соҳаи букмекерӣ, воридоти техникаи маишӣ, тиҷорати переработкаи мусор ва дигарро.

Як хабари дигарро мехоҳам шахсан ба шумо бирасонам.

Юсуф Раҳмон дар байни кормандони Прокуратура як сабқати ғайрирасмӣ эълон кардааст. Вай барои ироаи пешниҳоди далели қавию раднашаванда бо мақсади депортатсияи Устод Кабирӣ ва Шумо ҷоиза таъин кардааст. Касеро, ки пешниҳодаш боварбахш ва маъқул шуд, дар мақомаш як зина боло меравад.

В связи с беспорядками во Французской Республики, необходимо проработать и предпринять меры для достижения целей нацбезопасности.

1. Использовать данную ситуацию и любыми путями добраться до МС (Мухаммадикбол Садриддин) и обезвредить. При возможности, узнать с кем из высоких чинов Республики он контактировал и взаимосвязан.

2. Предоставить данный акт, как факт разбоя или кражи.

Саунае, ки гуфтем (ҷои дамгирӣ ва айшу ишрати Прокурори генералӣ) дар болои ошхонаи қурутоби Олим воқеъ аст, муҳофиз ва сервиси амниятиаш аз қасри Президент сахттар аст. Аз руи баъзе малумотҳо дар он чо утоқе бо як сейфи калон дорад ва дар он маблағҳояшро нигоҳ медорад.

Як ҳафта пеш омодасозии як амалиётеро сар кард, ки бояд «бор» -наркотики калони Зоирро қапанд. Гуфтааст: «ма Зоира бомж мекнм. Мия х…а мелеса, ки поддержка кн гуфта». Домулло! Ҳар вақте ки шумо оиди СС.Ятимов, Юсуф Раҳмон,Рамазон Раҳимзода ё дигараш,ки бо Раҳмонов наздиктаранд барнома мекунед, зуд давида ба боло гузориш медиҳанд. Мисол, агар дар бораи СС барнома барояд Юсуф Раҳмон дарав ба Президент маълумот медиҳад ва мегуяд, ки «ҳама ҳолатҳои дар барнома гуфташударо боз санҷида истодаем». Короче инаш қаври онашрову онаш қавири инашро канданиву дар ҷояш одами худашро монданӣ.

Восеъ

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Аллоҳ умратонро дар роҳи мубориза дароз кунад, то ин мардум шиносанд ин ҳукумати дузду ғоратгари Раҳмоновро.

Ин навиштаи мо идомаи номаҳои пешинаамон дар бораи вазъу ҳоли ноҳияи Восеъ аст.

Дар шӯъбачаи вазорати корҳои дохилии ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев сардор Иброҳимзода Амонулло Муҳиддин аз Масковски мебошад. Дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо№28» дар борааш каме маълумот дода будем ва ба ӯ ҳушдор дода будем, ки зулмро болои мардум бас кунад. Аммо чунин нашуда истодааст. Чаро? Чун Иброҳимзода як хари калон аст. Ҳоло мо дар ин барнома дар бораи кӣ будани ӯ ва кӣ ӯро «кришават» мекунад, маълумоти бештар медиҳем, албатта бо далелҳое, ки мардум ҳаррӯза мушоҳида мекунанд, аммо намедонанд, ки дар онҷо чи мегузарад. Чаро ВКД чунин ашхоси дузду роҳзанро ба курсӣ мешинонанд. Чун инҳо либоси милисаро пазор кардагианд. Ё Раҳим Рамазон худаш чунин дузду роҳзан аст, инҳо бовар кунед, хуни ин халқро хурда истодаанд.

Дар деҳаи Охҷари ба номи Миралӣ Маҳмадалиев як чанд рӯз пеш дуздӣ мешавад.  Мо аз он-дуздҳо ном намебарем, чун онҳо ноболиғ ҳастанд. Дар чунин ҳолатҳо филҳол бояд вокуниш сурат бигирад ва амалиёти таъқибу боздошт роҳандозӣ карда шавад, чун ин кор вазифа ва масъулияташон аст. Аммо на. Шахси ҷабрдида рафта зора мекунад, ки чизҳоямро дуздиданд, аммо бе фоида. То ягон таға наёрӣ корро сар намекунанд. Ҷабрдида тағаро меорад. Иброҳимзода Амонулло дело мекушояд вале чанд рӯз мекобанд, дуздҳоро намеёбанд. Баъд аз чанд рӯз ҷабрдида худаш дуздҳоро меёбад. Онҳо дуздҳоро ба шӯъба бурда допрос мекунанд. Аммо падаронашон ба Иброҳимзода Амонулло пора медиҳанд. Онҳоро ҳеҷ чиз намегуянд.

Ҷабрдида ба назди Иброҳимзода Амонулло меравад ва мегӯяд дуздҳоро ёфтам, чизу чораи дуздидаро баргардонанд, чун Иброҳимзода Амонулло пора гирифтааст забон кӯтоҳ аст,   мегӯяд рав ба хонаат, агар хоҳӣ 2ҳазорат медиҳем, хап кун. Ашёи дуздидашуда ҷавоҳирот, ки буд мегуяд, ин пул кам аст.

Дар ҷавоб сардори шуъба Иброҳимзода Амонулло мегӯяд хоҳӣ ҳамин, нахоҳӣ ҳамон як гове, ки дорӣ аз ҳамон ҳам мемонӣ. Рӯирост милиса ба як шаҳрванди ҷабрдида таҳдид раво мебинад.

Чи тавре мегӯянд дузди зӯр соҳиби говро бастааст. Ҷабрдида ба додситони н.Восеъ шикоят мекунад. Азбаски додситони н.Восеъ бо куратор ҳардуяш порахуранд аз ҳар яки падарони гумонбарон 20ҳазор сомонӣ талаб мекунанд ва куратор мегуяд, ки «бе таргаватса, ятин кам намекнм». Вале гап дар инҷо аст ки агар инҳо 20 ҳазорӣ медоштанд ба писаронашон медоданд то чунин корҳоро накунанд. Иброҳимзода Амонулло, ки ӯро «кришават» мекунад, дар Агентии давлатии мубориза бо корупсия як таға дорад. Аз пушти он катагӣ мекунад. Президент дар бораи барҳам задани корупсия мегӯяд, аммо худи кормандони Агентӣ ба корупсия даст мезананд. Ҳар касе, ки ба Иброҳимзода Амонулло пора диҳад тарафи он мегардад.

Ҷӯрабек мудири поликлиникаи деҳаи Охҷар аст. Ҷӯрабек ва падараш ба Иброҳимзода Амонулло пора доданд то аз онҳо тарафдорӣ кунад. Падари Ҷӯрабек медонад, ки милисаҳо пуштибонаш ҳастанд. Дар деҳа як зан меояду дар кӯчаҳо либосу ҳар гуна чизҳо мефурӯшад, баланд фарёд мезанад, то биёянд чизҳои лозимаашонро харанд. Падари Ҷӯрабек баромада дашномаш медиҳад:- гум шав аз инҷо ҷугӣ. Зан мегуяд ман ҷугӣ нестам. Падари Ҷӯрабек ғазабнок шуда занро лату кӯб мекунад. Ин зан ба милитсияи ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев муроҷиат мекунад. Аммо чун ин Ҷурабек милитсияро харидааст, ҳеҷ кас ба додаш намерасад.

Ман ба Иброҳимзода Амонулло  гуфтаниям. Оё ту виҷдон дорӣ? Наход барои як пули ночиз он нишоне, ки ба ту додаанд фурӯшӣ.

Хитоб ба Раҳим Рамазон! ин сагбачаҳоятро аз инҷо гир, мардумро озор надиҳанд. Валлоҳӣ қасам, рӯзе мешавад, ки ин аз чечаки саратон бароварда мешавад. Рамазон Раҳимзода фикр накуни ,ки Восеъи мо Истаравшан аст ва ҳар коре милисаҳот хоста бошанд анҷом медиҳанд.

Дар «Номаҳо..и №28 ба Гуловҳо хитоб карда будем то роҳро асфалтпӯш кунанд. Аммо ҳеҷ гапу хабаре нашуда истодааст, пас дар барномаи оянда Инша Аллоҳ дар бораи ҳамаи дуздиҳоятон маълумот хоҳем дод. Ҳозир тими Ислоҳ аз болои М.Т.М.У N3 кор карда истодааст. Ҳар коре то имрӯз анҷом додед, нашр хоҳад шуд, албатта, агарки роҳ асфалтпӯш нашавад.

Чи тавре, ки мо ба Мирзоалиев Қурбоналӣ хитоб карда будем то базаи Мегафон баргардонда шавад, аммо нашуд. Мирзоалиев Қурбоналӣ депутат буд. Дар 16 Иҷлосия ё ҳамон ифлосия ҳамчун депутат иштирок дошт бо ҳамроҳии Миралӣ Маҳмадалиев. Эмомалӣ Раҳмоновро овоздиҳӣ карда гуё аз дасташ гирифта мегӯянд, хез ту рав баромад кун ва бо ҳамин тариқ Эмомалӣ Раҳмоновро раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд. Мирзоалиев Қурбоналӣ мехост баъди Эмомалӣ Раҳмонов президент шавад, чунки ӯ чунин усул дошт. Як нафари шиносашро дастгирӣ мекард ба болоҳо ва баъд ӯро гирифта ба ҷояш худаш мешуд. Дар он давра мехост раиси колхози Ленин шавад. Он давра раис Миралӣ Маҳмадалиев буд. Мирзоалиев муғулҳоро дастгирӣ карда мегуфт «бхезен ҳамакаса Миралӣ Маҳмадалиевро бгирем ма хдм оиликотона соз мекнм».

Ҳамин тавр ҳам шуд муғулҳо хестанд ва бо кетману бел ба идораи раис омаданд, маҷбураш карданд, ки истеъфо деҳ. Баъд аз Миралӣ Маҳмадалиев Мирзоалиев Қурбоналӣ раиси колхоз мешавад ва аз ҳамон давра то ҳозир муғулҳоро ҳамчун ғулом истифода мебарад. Мирзоалиев Қурбоналӣ ба заминҳои дар Варашил будааш мардумро барои пая гуфта замин медиҳад ва кор мефармояд. Дар вақти пахта мегӯяд 50дирамӣ чинед. Мардум мегӯянд дар дигар ҷойҳо 1сомонӣ аст. Мегӯяд касе намечинад пая нест. Ҳозир бошад гапи Мирзоалиев Қурбоналӣ бо бародараш Эмомалӣ Раҳмонов гурехтааст. Барои онки ба Мирзоалиев дастур медиҳад то мактаб созад, аммо накард. Эмомалӣ Раҳмонов суратҳисобҳои бонкиашро маҳкам кард, он вақт дилаш зад. Баъд Мирзоалиев мактабро сохт. Барои кушоданаш Президент то онҷо меравад, аммо мактабро намекушояд Баъд Мирзоалиев Қурбоналӣ ба назди Эмомалӣ Раҳмонов меравад то пулҳояшро диҳад. Аммо  Эмомалӣ Раҳмонов, ки пулдустдор аст мегӯяд ягон сум нест: «бра дар Охҷар заправка кн иҷозат тда». Чун дар Тоҷикистон Фароз ва Газпром барои сохтмони заправкаҳо рақобат доранд ҳеҷ касе заправкаи зиёд надорад. Аммо ба Мирзоалиев ҳам  иҷозат додааст. Ҳамаи он бо номи Ҳулбук аст. Яктояш дар деҳаи Охҷар аст. Қурбоналӣ Мирзоалиев! агар хоҳӣ ин заправка ба ҳаво напарад, зулмро болои мардум бас кун! Ин Мирзоалиев Қурбоналӣ то он дараҷа бе имон ҳаст, ки наузубилоҳ мегӯяд дар боло Аллоҳ ҳукмронӣ мекунад, дар замин ман ҳукмрони мекунам. Ӯро Фиръавн ҳам ҳам мегӯянд.

Дар ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев ҳамаи кадрҳоро ҳамин Мирзоалиев интихоб мекунад. Солҳои пеш  Эшони Асроровро дар ҷамоат раис таъин кард. Ин Асроров як бузи калон аст, чизҳои меличро бузӣ намекунад танҳо ката катаҳоро бузӣ мекунад.

Чандин сари сол кор мекунад. Бинои ҷамоат он вақтҳо дар ҷои ҳозираи зисташ аст. Баъди тахриб шудани ҷамоат аз инҷо ба ҷои дигар кӯчониданд. Бинои ҷамоатро бо як нафари раиси пешини ҷамоат баъди Асроров раис буд ҳарду   ҷангу даъво карданд, ки ҷамоатро ман мегирам. Бинои ҷамоатро ба ду тақсим карданд ва то ҳозир ҳамчун замини шахси истифода мебаранд. Хулас ин заминҳоро дуздиданд. Дар замони ҷанги дохилӣ Асроров бо муовинаш  Боймуродов облава мекарданд. Дар роҳ меистоданд, мошинҳоро манъ карда ҳар, ки камбағал буд маҷбур ба ҷанг равон мекарданд. Ҳамон солҳо ду ҳамдеҳаамонро маҷбуран ба ҷанг мебаранд. Яке аз онҳо мегурезад дигарашро мекушанд. Асроровро Мирзоалиев ба чунин мартаба расонд. Гӯё ҳангоме Раҳмонов мехост Мирзоалиев ро бо снайпер занад Асроров аз куҷое фаҳмида ба ӯ хабар медиҳад, ки пинҳон шавад. Ба хотири ин хубиаш Мирзоалиев ба Асроров замини давлатиро яъне ҷамоатро медиҳад. Ин Асроров худашро Эшон мегирад, аммо сӯистифода мекунад аз эшониаш. Мисли як талбанда аст. Ҳар як тӯю маъракаҳо мегузаронад аз ҳисоби муридонаш гузаронида мешаванд. Дар як туяш агар 100ҳазор сомонӣ расход кунад 200-300ҳазор даромад меорад ин тӯй. Агар ягон чиз «бталба набариш» дуот намедодааст. Хаваргириаш рафтӣ бояд дасти холӣ наравӣ.

Мирзоалиев Маҳмадхонро ҳамчун раиси ҷамоат интихоб мекунад. Ӯ чанд сол дар ҷамоат кор мекунад. Ҳар қадар замин мехоҳад мефурӯшад. Чанд то барои худаш гирифтааст. Баъди чанд сол кор карданаш ӯро ба маорифи ноҳияи Восеъ таъин мекунанд. Дар онҷо дар олимпиадаҳои фаннӣ барои ҷои якум ба воистаи муовинаш 3ҳазор мегирифт.

Ҳар набераи Мирзоалиев дар олимпиадаҳои фаннӣ ғолиб меомаданд, чун тақаллубкорӣ мекарданд, баъд маориф аз куҷо пешрафт мекунад. Баъд аз Маҳмадхон, писари Амон Шукурулло мешавад. Мо дар бораи ин ҳеҷ чиз  гуфтанӣ нестем, чун бисёр кор накард, ӯро ба ҳукумат интиқол доданд. Мирзоалиев Ҳабибова Эеркаро раиси ҷамоат мегузорад. Чун ӯро дигар кас пешниҳод карда буд барои   иҷро кардани вазифаҳои ба ӯ супурда шуда нест кардани муллоҳо Эерка, ки ба манфиати худаш кор мекард, дер намепояд.

Қурбоналӣ Мирзоалиев набераи худаш Мирзоалиев Сайалиро ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев раис монд. Сайалӣ ҳам дере нагузашта ба дуздӣ шурӯъ мекунад. Заминҳоро мефурӯшад ҳатто ҷубронҳоро мефурӯшанд. 50 сомонӣ  бо тариқи одами боваринокаш Иброҳим Миралиев Зоир котиб аст. Аммо Иброҳимро чун котиб меҳисобад. Мирзоалиев Қурбоналӣ мехоҳад Миралиевҳоро аз курсӣ берун кунад. Дар ҷамоат хостанд боғ кунанд. Вале Назрибӣ келини Миралӣ Маҳмадалиев нагузошт. Ба ивази он як хонааш доданд дар шаҳр. Онҷоро гирифта боғ карданд тариқи лоиҳа грант. Аммо майдончаи варзишӣ сумакӣ аст. Назрбӣ ширхоргоҳи деҳаро гирифта хона кардааст. Мардум ширхоргоҳ надоранд. Ин Мирзоалиев Сайалӣ аз ҳисоби фурӯхтани заминҳо пули зиёд ба даст меорад ва соҳиби мошинҳои қимат мешавад. Чаро Раҳмонов ба Мирзоалиевҳо ҳеҷ чиз намегуяд? Оё метарсад?

Зебо бо лақаби Зебоғарак раиси маҳалла аст. Аз мардум барои ҷуброн пул мегирад. Эй, бе виҷдонҳо, ин ҷуброн барои мардуми камбизоат аст, охир шумо аз ҳақи мардум мегиред, ба онҳо ҳеҷ чиз ҳам намемонад. Дар ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев ҳар помоше, ки меояд байни коргарҳои ҷамоат тақсим мешавад. Рӯзи иди Рамазон помош омада буд:- кӯрпача, печка. Ҳамашро байни худ тақсим мекунанд, ба халқи камбизоат намедиҳанд. Ин Раҳмонов як ҷамоатро идора карда наметавонад, аз куҷо як ҳукуматро идора мекунад? Истеъфо Раҳмонов!!!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №37 появились сначала на ISLOH.net.

Модари се тифли панҷакентиро бо туҳмат 16уним сол зиндонӣ карданд
Бинандаҳои азизи «Ислоҳ.ТВ» дар барномаи қаблии «Минбари муҳоҷир»  суҳбатҳои пур аз дарду доғи Холов Атҳамҷон Акрамович, зодаи деҳаи Ёрии ноҳияи Панҷакентро дида будед. Ин ҷавонмард барои дарёфти ҳақиқат ва рӯи об овардани он ба тамоми зина ва идораҳои ҳифзи ҳуқуқ, додгоҳ, додситонӣ ва депутатҳои маҳаллӣ шикоят бурда ба Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурӣ ҳам муроҷиат кардааст. Маблағи калони пули ҳам харҷ намудаанд,то ҳақ ба ҳақдор расад. Аммо ҳеҷ натиҷае надодаанд ин ҳама талошҳои адолатхоҳонааш.

Номаи ин сокини аламзада қабл аз суҳбатҳои ӯ дар барномаи «Минбар  муҳоҷир» ба дасти «Ислоҳ.нет»  расида буд ва мо ҳам бар тибқи ваъда онро манзури шумо мегардонем:

Ассалому алайкум, акаи Муҳаммадиқбол! Умедворам хуб ҳастед. Ман Холов Атҳамҷон Акрамович зодаи деҳаи Ёрӣ, шаҳри Панҷакент. Исми хоҳарам, ки сухан инҷо аз сарнавишти талху шӯри вай меравад Мухлисаи Акрам аст. Ин хоҳари 32 солаи ман соҳиби 3 фарзанди ноболиғ аст. Савод надорад. Хонда ва навишта наметавонад. Ду соли қабл аз шавҳараш ҷудо шуд.

«Декабри 2021 кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакет Боқиев Фарҳод, Худойдод аз деҳаи Косатарош, Фурқат аз Амондара, Некруз аз Кошона, муфаттиши прокуратураи шаҳри Панҷакент Фатҳуллоев. Далер ва шавҳари хоҳарам Турсунов Мардон ва бародари вай Турсунов Қобил аз деҳаи Навобод бо воситаи фиреб ӯро фарёд ва латукуб мкунанд. Муқобили вай парвандаи ҷиноятӣ боз карда барои 16уним сол равонаи зиндон карданд.»

Мо чор бародар дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштем. Вақте фаҳмидем, ки барои хоҳарамон делои ҷиноятӣ кушодаанд ман аз Ектеринбург санаи 1.04. 222 ба Тоҷикистон омадам. Чор рӯз баъд ба вазорати корҳои дохилӣ барои дидорбинӣ бо хоҳарам омадам. Барои дидорбинии кутоҳмуддат аввал иҷозат надоданд. Санаи 5.04. 2022 бо хоҳарам Мухлисаи Акрам дидорбинӣ кардем. Ман пурсидам, ки ту террористӣ? Барои чи ин ҷиноятро содир кардӣ.

Хеле зиёд гиря карду гуфт, ки акаҷон ман ягон ҷиноят содир накардаам.

Гуфтам, ки пас чаро гуноҳи содирнакардаро дар гарданат гирифтӣ?

«Гуфт, ки маро 5 нафари номбурда Фарҳод, Худойдод, Фурқат, Далер ва Некруз ба оби ҳавзи отдели Колхозчиён дароварда муйҳои сарамро канда задаву издиватсия карда дар калаам ин гуноҳи анҷом надодаро монданд.»

Шаби 18.03.2022 ман бо худам телефонро пинҳонӣ дар ҳолати сабт монда даромада будам. Ман гуфтам, ки ҳуҷҷату далел нест барои бегуноҳии ту. Баданашро дар пешамон нишон дод. Инҷо масъули «конвой»-и Панҷакент Салимов Акмал ҳузур дошт. Салимов ба ман гуфт хез прокуратура рав ва арзу шикоят кун, ки ҳамин рӯз экспертиза гузаронанд. Ман ариза навишта прокуратура рафта ҳамаашро фаҳмонидам. Ба ман ваъда карданд, ки худи ҳамин рӯз, баъди соати корӣ ташкил мекунем. Ман баргашта омада пеши Мухлисаи Акрам даромада гуфтам, ки имрӯз бегоҳӣ меоянд. Тамоми баданат ва «снякҳоя»-тро нишон деҳ.

«Баъд ман аз хоҳарам пурсидам, ки милисаҳо туро аз куҷо оварданд? Гуфт, ки аз вилояти Суғд,10 километр берун аз шаҳракаи Палас аз назди фермаи мурғпараварӣ. Ман аз хоҳарам пурсидам, ки ҷойи корат камера дошт? Гуфт,ки дошт. Ҳамон рӯз 5.04.2022 ба вилояти Суғд рафта соҳиби корашро ёфта пурсидам, ки ҳамин заиф бо фарзандонаш дар фирмаи Шумо кор кардагӣ аст? Вай гуфт, ки ҳа, оилавӣ чанд рӯз кор карданд. Аз 5.02.2022 то 18.03.2022 то рӯзи дастгир шуданаш.»

Тибқи айби задаи тафтишот гуё хоҳари ман санаи 5.03.2022 соати 13.35 хонаи Турсунов Мардон даромада бошаду зану фарзанди угайи ӯро зада дасту по баста оғил дароварда алов зада бошад. Ҳоло онки хоҳари ман дар он рӯз аз ҷойи ҷиноят 400 километр дур буд. Ман барои исботи бегуноҳии вай навори сабти камераро барои рӯзҳои 4 то 7 ум бардоштам ва ба мақомоти тфатишот пешниҳод намудам. Барои ҳамин  ин дело саддарсад дуруғ ва бофта мебошад. Ҳамаашро ман кофтуков  ва ошкор кардам. Коғази духтур, историяи ҷабрдидаро гирифтам.

Дар история дигар чиз гуфта шудаасту дар дело дигар чиз. Ягон кас намурдааст, ягон кас ярадор нашудааст. Шоҳидҳои даъвогар дар суд гуфтанд, ки мо Мухлисаро надидаем. Ба мо аз милисаҳо гуфтанд, ки бигуед ин корро Мухлиса кардааст. Ягон шоҳид нагуфт, ки ҳамин Мухлисаи Акрамро бо чашмонаш дидааст. Суд дар шуъбаи корҳои дохилӣ ҳукмро бидуни ҳузур ва иштироки мо хонд. Яке аз шоҳидҳо аз Истаравшан бо даҳони худаш мегуяд, ки 6 апрели соли 2022 Мухлиса бо онҳо буд. Боз ду шоҳиди дигар дорем. Навори диктофон дорем.

Бовар кунед се  бор ба Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ, ду бор ба Маҷлиси миллӣ ва 2 бор ба Суди Олии Тоҷикистон номаи шикоятӣ навистам. Ҳамаи дискҳои камераи мушоҳидавӣ, нишондоди шоҳидон дар дастамон ҳаст, аммо делоро нокушода аз рӯйи ҳукми суди вилояти Суғд ҷавоб гардондааст. Номаи ҷавоби ба номи ман аз тарафи муовини Прокурори генералӣ омадааст, аммо на ному фамилияаш маълум аст на кадом муҳре дорад.

Ба Холов Атҳамҷон аз номи муовини Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон аз 28.09.2022 чунин посух додааст:

« Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати Шуморо оиди норозӣ будан ба ҳукми суди вилояти Суғд аз 22 июни соли 2022 нисбати хоҳаратон Мухлисаи Акрам бо омузиши парвандаи ҷиноятӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Муайян карда шуд, ки бо ҳукми суди мазкур Мухлисаи Акрам бо моддаҳои 32 қисми 3-104, қисми 2 бандҳои «а.б,е» ва 127 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтан аз озодӣба муҳлати 16 солу 6 моҳ  таъин карда шудааст».

Хулосаи ин посух аз он иборат аст ки Прокурори генералӣ шикояти Холов Атҳамҷонро қонеъ нагардонида мегуяд, ки ҳукми додгоҳ нисбати хоҳараш Мухлисаи Акрам аз рӯйи қонун содир шудааст:

«Бо таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аз 13 сентябри соли 2022 ҳукми суди вилояти Суғд аз 22 июни соли 2022 бетағйир ва шикояти кассатсионӣ беқаноат мононда шудааст.

Гуноҳи Мухлисаи Акрам дар содир намудани ҷиноятҳои мазкур бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ  пурра исбот карда шудааст.

Ваҷҳҳои дар муроҷиат овардаи Шумо оиди аз ҷониби мақомоти тафтиши пешакӣ ва суд яктарафа бурдани тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ беасос буда, бо далелҳои боэътимоди дар маводҳои парвандаи ҷиноятӣ ҷамъовардашуда  рад карда мешаванд».

Хуллас Турсунов Мардон ва бародараш Турсунов Қобил ва милисаҳо Боқиев Фарҳод, Фурқат, Худоидод, Некруз ва муфаттиш Фатҳуллоев Далер хоҳари маро зада, таҳдид карда ҳаёти ин заифа ва се кудакашро сузонданд.

Судя шаҳри Панҷакент, кори мурофиаро анҷом дод Аҳмадова Фируза ва айбдоркуннадаи давлатӣ, корманди прокуратура Барфинисо мебошанд. Ман пеши судя Аҳмадова Фируза ва прокурор Барфинисо омадам. Дар вақти рафти суд ба фарзандонам, ба шири модарам ва ба Қуръон қасам хурдам гуфтам муҳтарам суд ҳамин камераро бинед, ҳамаи ҳақиқатро мефаҳмед. Ва, навори аз ҷойи кори хоҳарамро пешкаш кардам. Судя Аҳмадова Фируза ба гапи ман аҳамият надода як кудаки 5 соларо ба унвони шоҳид пурсид. Гуфт Умедҷон хез аз ҷоят.

Номат чи гуфт?

Кудак посух дод, ки намедонам.

Судя пурсишро давом дода савол дод, ки чандсолаӣ?

Кудак намедонам гуфт.

Номи пиандари кудакро судя пурсид?

Кудак намедонам гуфт.

Ин вақт буд, ки судя бо дасташ ба тарафи Мухлисаи Акрам ишорат карда аз кудак савол кард, ки ин занро мешиносӣ?

Кудак гуфт, ки ин Мухлисаи Акрам аст.

Ман хестаму ба судя гуфтам, ки ин кудак номи худаш, чанд сола будан, номи падаршавандаашро надонист. Боз  чи мепурсӣ? Ва, ин кудак, ки номи худаш ва чандсола буданашро намедонад чи тавр Мухлисаи Акрамро шинохт? Ана ин аст дуруғи ин дело. Ман гуфтам, ки аз тарзи муҳокимаи шумо розӣ нестам ва баромадам. Суд баъди берун баромадани мо 16.6.моҳ срок дод.

«То Маҷлиси Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, депутати шаҳри Панҷакент даромадам. Депутат маро мегуяд, ки инҳоро ба худо супоред.»

Ман гуфтам агар ман инҳоро ба Худо супорам пас барои мо Суд, Прокуратура Амният, ВКД чи даркор? Депутат ба ман гуфт, ки ин хел бошад, то ҷон дорӣ «баротса» кун бародар.

Ҳамаи кори шудагӣ ҳамин. Як чиз барои ман  аламовар аст ки як заифаи бечора 9 моҳ боз дар зиндон. Оби чашми кудаконаш шашқатор. Болои ин 300.000 сомонӣ хароҷот шуд.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман бовар дорам, ки шумо ин номаи маро чоп мекунед, чун ба ҳама ҷо муроҷиат кардам, касе маро нашунид. Ҳам ба газетаҳо ва ҳам ба радиои «Озодӣ»  рафтам, аммо касе напурсид. Ҳоло бубинем, ки баъди нашри ин навишта вазъ дигар хоҳад шуд ва ҳақ ба ҳақдор расонида мешавад ё не?

Ps: Ба иттилоъи хонандаи «Ислоҳ.нет» мерасонем,ки маводҳои видеои ва санадҳои марбут ба ин қазияи ноадолатона нисбати Мухлисаи Акрам модари се тифли ноболиғ дар навор ба шакли пурра тақдиматон мегардад. Аксҳои муфаттишони ҷиноятпешаро агар дошта бошед,то аксҳои ин ҷинояткорони дар мақомоти ВКД-ро ҳама бинанду хубтар шиносанд.

Сообщение Модари се тифли панҷакентиро бо туҳмат 16уним сол зиндонӣ карданд появились сначала на ISLOH.net.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон: «Ҳукми Иззат Амонро аз вазорати корҳои дохилӣ бипурсед»
Додгоҳи Олии Тоҷикистон иқрор ва эътироф кард, ки Иззат Амон, ҳомии муҳоҷирони тоҷик дар Русия мутобиқ бо «заказ»-и вазорати корҳои дохилӣ ба 9 соли зиндон  маҳкум шудааст. Додгоҳ аз пайвандони ин ҳомии ҳуқуқи зиндонӣ хостааст, «барои онки мутмаин бишаванд, бираванд дар вазорати дохилӣ  аз вуҷуди  «парвандаи дигар» дар ин вазорат огоҳ бишаванд».

Додгоҳи олии Тоҷикистон наметавонист, аз «вуҷуди парвандаи дигар» дар қазияи Иззат Амон сокит бошад. Зеро ҳатмани ҳатман аз Додгоҳ пурсида мешуд, ки Иззат Амон дар асоси кадом модда ва ҷурм ба 9-соли ҳабс маҳкум гардид. Дар сурате, ки ӯ тамоми хисороти расонидаашро ҷуброн кард, бозгардонд ва кадом шокиву даъвогарро ҳам беҷавоб боқӣ нагузошт. Ва, талаби Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси мурофиавӣ-ҷиноии Тоҷикистон ҳам чунин аст, ки қисми 4-моддаи 247 ба муттаҳамоне, ки пардохт карданд, татбиқ намешавад. Аммо додгоҳ ҳам дар зинаи шаҳрӣ ва ҳам дар ҷумҳурӣ (олӣ) ба ин ҳомии шинохтаи ҳуқуқи башар 9сол зиндон дод ва дигар ҳам накард.

Дар бораи шахсияти Иззат Амон, мақому ҷойгоҳи ӯ дар миёни муҳоҷирони тоҷик, афкору ақида ва дидгоҳҳои озодихоҳонаи вай, мавҷи иҷтимоӣ ва сиёсии вай инҷо зиёд намегӯем, чун ҳамагон огоҳанд, ки ӯ як инсони ватанпарвар, миллатдӯст ва бо ноҳақиву қонуншиканиҳо сахт оштинопазир буд. Тӯли ин чанд соле, ки ӯ дар Маскав кору фаъолият кард, тавонист барои худ имиҷ ва рейтинги болову бартареро касб намояд ва метавон гуфт, ки ба як сиёсатмадори ояндадор бадал шуда буд. Маълум аст, ки нафароне, ки шахсият шуданд ва он ҳам шахсияти сиёсӣ ва соҳиби пойгоҳи иҷтимоӣ ва тарафдорони дар талаби дигаргуниву таҳаввулу тағйирот ба сардамдорони режими Душанбе ва дору дастаи онҳо намефоранд, на танҳо рақиб, балке душман шинохта мешаванд. Иззат Амон низ дар ин миён истисно буда наметавонад. Иззат Амоне, ки дар маркази Маскав –пойтахти Русия ва каъбаи Эмомалӣ Раҳмонов барои дастгириаш тазоҳуроти эътирозии тоҷикони муҳоҷир доир шуд, наметавонист ба ин роҳатӣ аз дасти онҳо халос бишавад, ин ҳам дар ҳоле, ки барои истирдоди ӯ аз Русия ба Тоҷикистон ва лағви  табааияти русии вай пули андак масраф нашудааст.

Хуб, ҳоло боз ҳам баргардем ба ин «дархост»-и булаҷаб ва бесобиқаи Додгоҳи олӣ аз бастагони Иззат Амон, ки бираванду таъйиди мавҷудият ва ё адами «парвандаи дигар» дар вазорати корҳои дохилиро ба даст оварданд ва як маълумотнома (справка) ҳам дар ин бора пешкаш намоянд.

Савол ва пурсиш ин аст, ки чаро Додгоҳи олӣ дар бораи «парвандаи дигар» дар вазорати дохилӣ исрор варзида истодааст? Чӣ боис шуда, ки додгоҳ ҳамчунин дархосте кардааст ва аз сӯи дигар додгоҳ аз куҷо фаҳмида, ки «парвандаи дигар»-е алайҳи Иззат Амон дар вазорати дохилӣ вуҷуд дорад. Ҳоло агар вуҷуд дошта бошад, чаро онро худи додгоҳ суроғ накардааст ва чаро аз вуҷуди он (парвандаи дигар) вазорати дохилӣ сукут кардааст? Ҳатто агарки вуҷуд дошта бошад ҳам чи хоҳад шуд? Он ки ба «истеҳсолот»-и Додгоҳи олӣ нарафтааст ва агар ки дар «истеҳсолот» вуҷуд надошта бошад, чи боис шудааст, ки Додгоҳи Олӣ пойи вазорати дохилиро ба мурофиа ва муҳокима (яъне кори худи Додгоҳи олӣ) бикашад?

Мақсад ва манзури Додгоҳи Олӣ чӣ аст? Гуфтанист, ки дар қабули қарор ва эъломи ҳукм алайҳи Иззат Амон мо танҳо нестем ва инҷо ин вазорати дохилӣ аст, ки болои мо дастур дод то Иззат Амон ҳатман маҳкум шавад ва на ба муҳлати кам. Вагарна, Додгоҳ-шохае мустақил дар ҳокимияти давлат аст ва тасмиму қарорҳои худро набояд марбут ва вобаста ба ҳатто Президент кунад, чи расад ба як вазорат?

Дар ҳақиқат пушти ин «дархости Додгоҳ дар бораи парвандаи дигар» чи гапе вуҷуд дорад, ки Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ ночор ва ногузир шудааст, ба «забони ҳол» ояд ва бигӯяд, ки биравед «вазорати дохилӣ».

Тибқи маълумоти расида ба «Ислоҳ.нет» писари Иззат Амон даъвои охирин шокӣ алайҳи падарашро қонеъ карда ва бо тавсияи худи Додгоҳ ба номи ӯ дар «Амонатбонк» ҳамон 232 сомонии тақдирсӯзро ҳам гузаронидааст. Аммо «кор  дасти вазорати дохилӣ» буданро ин тарафи масъала ҳам рӯшан мекунад, ки ин «охирин» даъвогар дар «сари суд» ҳозир намешавад ва суд бидуни ҳузури вай ва танҳо бар мабнои даъвои вай ба Иззат Амон 9 сол мебурад. Хуб,дигар маълум аст, ки ин охирин даъвогарро кадом ниҳод бозӣ доронидааст. Ин ниҳод ба ҷуз аз вазорати дохилӣ ниҳоди дигаре нест. Зеро ҳатто баъди ҳукм ҳам, вақте адвокат ва ё кадоме аз бастагони Иззат Амон аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки ҳоло ҳам дер нашудааст, метавонад ариза навишта гирифтани пулро тасдиқ кунад, ин нафар мегӯяд бояд бираванд ва дар вазорати дохилӣ маслиҳат кунанд. Вақте онҳо ба вазорати дохилӣ меоянд, он нафари даъвогар вориди вазорат мешавад ва дигар аз онҷо берун намешавад.

Вазорати корҳои дохилӣ ихроҷ ва истирдоди Иззат Амонро анҷом додааст ва ин вазорат баъди сари кор омадани Рамазон Раҳимзода на ба як ниҳоди ҳомӣ ва муҳофизи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, балки ба як саркубгар,ба як ниҳоди муқобили мардум ва истисморкунанда ва ба як ниҳоди зиди қонун ҳуқуқпоймолкунанда бадал шудааст. Иллати муқобилати ин вазорат ба озодии Иззат Амон ин аст,ки вазорат аз озодии Иззат Амон метарсад. Чунки Иззат    Амон, ҳамчуноне Шарофиддин Гадоев сиру пиёзашонро ошкор кард, баъди озодшавӣ тамоми асрори махуфашонро, онки чи тавр ӯро ғайриқонунӣ аз Русия истирдод карданд ва ҳамаи моҷарои вобаста ба онро, тарзи бархӯрд бо ӯ дар боздоштгоҳро мӯбамӯ ба мардум мерасонад.

Ин боварнакарданист, ки Додгоҳи олӣ надонад ҳамчунин «дархост» аз бастагони Иззат Амон додгоҳро мавриди хандахариш қарор медиҳад ва боиси обрӯрезӣ ва шармандагии вай мешавад. Вале чуноне мебинем «тамба» бисёр ҳам танг омадааст ва фишор ба ҳадде сахт шудааст, ки роҳи «табраа» ва «худсафедкунӣ»-ро дар рӯирост гуфтани «омил» ва «ангеза»-и асосии ҳукмаш алайҳи Иззат Амон гуфт. Дар сурати ғайр Додгоҳ бидуни ҷамъбаст ва ги рифтани «фикри айбдоркунӣ»,ки нусхаи онро ҳатмани ҳатман айбдоршаванда (Иззат Амон) ва вакили дифоъи вай шинос мешаванд ва имзо мегузоранд, ба муҳокима намепардозад. «Фикри айбдоркунӣ» танҳо ва танҳо бо таъйиди Додсистонӣ ба додгоҳ меравад, инҷо вазорати дохилӣ нақш дошта наметавонад. Зеро субъектҳои мурофиа инҳо айбдоршаванда, «айбдоркунандаи давлатӣ»-яъне ҳамон додситон ва адвокату судя ҳастанд на намояндаи вазорати дохилӣ. Додгоҳ мебоист бастагони Иззат Амонро мегуфт Прокуратураро (додситониро) хабар гиред, на вазорати дохилиро. Аммо Додгоҳ пойи вазорати дохилиро кашиду кашида истодааст. Чунки ҳукми Додгоҳ таҳти фишори  ҳамин вазорати дохилӣ содир шудааст ва Додгоҳ ва раиси ин додгоҳ дақиқан медонанд, ки муқобили Иззат Амон ҳукми содиркардаашон дар доираи ягон меъёр намегунҷад. Ҷудо аз татбиқи қонуни афв моддаи «қаллобӣ» бо пардохт ва ё ҷуброни зиёни расонида ҳатто ҳамон қисмати чоруми он, ки ниҳоӣ ва давраи тулонии ҳабсро пешбинӣ мекунад, муттаҳамро ҳуқуқи озодшавӣ додааст. Иззат Амон ҳама «зарари расонидааш»ро агар бо иттищоми шумо намудед нисбаташ, ҷуброн кард ва бар болои ин қонуни афв раҳоии ӯро дар чунин шароит саддарсад тазмин  кардаасту кафолат додааст.

Манобеи наздик ба Додгоҳи олӣ  ба мо расониданд, ки вазорати дохилӣ Иззат Амонро дар ҳамкорӣ бо Паймони миллии Тоҷикистон-эътилофи аҳзоб ва гурӯҳҳои оппозитсионии тоҷик дар Аврупо муттаҳам карда ва алайҳи вай бо моддаи 307 низ парванда боз кардаанд. Вазорати дохилии Тоҷикистон ҳамчунин ба пардохти  маблағҳо аз тарафи бастагони Иззат Амон машкук шуда ва иддао кардааст, ки ин пулҳоро ба онҳо Паймони миллии Тоҷикистон додааст.

Аммо мақомоти Паймони миллии Тоҷикистон, бахусус Муҳиддин Кабирӣ, дар сӯҳбат бо мо ин шубҳаи вазорати дохилиро бепояву асос хонда гуфт, ки на бастагони Иззат Амон ва на адвокати вай бо онҳо ҳеҷ иртиботе надоштанду надоранд ва кадом маблағе ҳам ба онҳо дода нашудааст.

Ин манбаъ мегӯяд, ки фишор болои Додгоҳ ба ҳадде зиёд буд, ки маҷбур шуд, бо зери по гузоштани ҳатто Қонуни афви раиси ҷумҳурӣ, ҳукми ғайриқонунӣ алайҳи Иззат Амон содир кунад. Ва,ин ҳукм барои  додгоҳ, ин қонуни афв ва худи раиси ҷумҳурӣ  як шармандагии калонеро ба бор оварда боиси гапу калочаи зиёд шудааст.

Худи ҳамин «факт»,ки Додгоҳи олӣ баъди анҷом мурофиа ва эълони 9 соли зиндон, яъне махтума кардани қазияи Иззат Амон аз вуҷуди «парвандаи дигар»  мегӯяд, маълум мекунад,ки паси парда «гапу калоча» хеле зиёд аст.

Мавҷудияти «парвандаи дигар» метавонад қазияи Иззат Амонро тағйир диҳад ва дигарбора онро ба тафтишот фиристанд ва аз нав «бо пеш омадани ҳолатҳои нав» муҳокима кунанд. Вале  умедвор ва интизор будан, ки натиҷаи мусбате барои Иззат Амон меоварад, хеле заиф аст. Вагарна Додгоҳи Олӣ худ дастбакор мешуд ва вазорати дохилиро «нишон» намедод.

Сообщение Додгоҳи Олии Тоҷикистон: «Ҳукми Иззат Амонро аз вазорати корҳои дохилӣ бипурсед» появились сначала на ISLOH.net.