Архивы Шоҳрух Саидов - ISLOH.net

Семейка news №9
Ҳанӯз чанд соли қабл, ки яке аз дӯстонам дар Хадамоти гумрук кор мекарду Рустам онҷо рис буд гуфта буд, аз ҳар чизу аз ҳар боб тиҳӣ ва қашшоқ бошад ҳам аммо дар дуздиву яғмову ғорат падарашро кайҳо абгон кардааст.

Суръати «рушд»-и Рустами Эмомалиро ба ҳаракати бошитобу фантастикии «Душанбе-сити»-бонки хусусии худи Рустам метавон баробар ва муқоиса кард. Рустами Эмомалӣ дар фосилаи камтар аз даҳ сол на танҳо то ба мақоми нафари дуввуми давлати Тоҷикистон мубаддал шуд, балки бо ҳамин гуна суръати лазерӣ аз тамоми пулдорҳои Тоҷикистон пешӣ гирифт ва ҳамин бонки Рустам бозори бонкии кишварро тасхир ва ишғол кард. Аммо муассиси «Душанбе-сити» ширкати дигари Рустам «Авестогрупп» бошад ба сони як дев ва аждаҳо ҳамачиро бо коми худ фурӯ кашида истодааст. Чи Шамсуллову Фароз ва чи Ҳасану шабакаҳои Ориёнбонк дар баробари Авестогрупп «задний ход» дода арсаҳоро барояш тахлия карда истодаанд. Ҳоло дар мавриди ширкатҳои сохтмонӣ, ширкатҳое,ки Роғунро месозанд ва дар геси Норак хидмат мерасонанд чизе намегуем. Дар ҳоле маблағе дар ин ширкатҳо буда хело маболиғи ҳангуфте мебошанд. Танҳо барои насби ҳисобкунакҳои нави неруи барқи сокинони пойтахт Бонки осиёии рушд 130 миллион доллар ба ҳукумати Тоҷикистон вом дод, ки онро дар ихтиёри Авестогрупп гузоштанд. Хулоса ҳама ончи меҷунбаду мечархад ва суд меорад дар кишвар комилан мунҳасир ва ё монополияи ширкатҳои Рустам ва круги ӯст.

«Команда» шабурӯз нақшаву барнома барои интихоботи Рустам кашида истодааст, кору пайкор карда истодааст,ки чи гуна дар пушти халқи тоҷик боз ҳам чуб зада ҳокимияти оилавиро тамдид кунад. Аммо худи Рустам ҳамаро ,аз ҷумла «ота»-ашро задагӣ. Вай медонад, ки ин қисмати кор «заҳмат»-и Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат аст. Вай бошад пайи айшу ишрату дуздиву тозӣ аст. Дар дасти мо як маводи муфассал дар бораи робитаҳои номашруъи ин президенти ояндаи Тоҷикистон бо як ҳофизаи навзуҳури тоҷик расидааст. Аммо ҳикояти онро барои шумораи баъдӣ мавқуф гузоштем. Фақат ҳаминро гуфтанием, ки Маҳмадсаид Зувайдзода низ бо ин ҳофиза «алоқа» карда ба дасти Рустам меафтад ва иллати марги муфоҷои ин муовини собиқи Рустам ва раиси Кумитаи меъморӣ рашки Рустам шудааст.

Аммо Рустам он қадар ҳам бепарво нанишастааст. Оҳиставу пинҳонӣ командаи худро барои идораи мамлакат ташкил дода истодааст. Бинобар хабарҳои ба дасти мо расида Комил Мирзоалиев, раиси идораи Роҳи оҳани Тоҷикистонро ба ҷойи худаш, ба шаҳрдории Душанбе меоварад. Комил Мирзоалиев-Пабло Эскобари тоҷикӣ яке аз мафиозҳои қудратманд, наркобарон дар сатҳи байналмилалӣ шудааст. Заминҳои қад-қади сарҳади Афғонистон дар ноҳияи Ҳамадониро ғасб карда гирифтааст. Одамоне, ки дар ин заминҳо кишту кор мекарданд, хоҷагии деҳқонӣ доштанд, дигар надоранд. Ҳамаашро Комил гирифта дар ихтиёри ҶДММ «Таҷагро» супорид. Ин фирмаи худи ӯст ва дигар ҳар касе, ки замин дошт барои вай кор мекунад. Рӯзи корӣ 70 сомонӣ. Ана ин аст Тоҷикистон-биҳишти рӯи замин. Аммо барои кӣ?Дар лаби дарёи Панҷ сехи тилло кушод. Чандин адад дачаҳои боҳашамат, ҷойи отдих сохтааст дар лаби ин дарё, дар сарҳади Афғонистон. Дар ин дачаҳо Рустаму рафиқонаш меоянд, бо вертолёт.  Отдих мекунанд, аруси маҳшар меоранд, дам мегиранд. Рустам инҷо шикор ҳам мекунад. Чуноне дар Ҳамадонӣ дар ин сафари Раҳмонов дар 5.09.2024 дидед Комил Мирзоалиевро,ки чигуна боғҳояшро ба Раҳмонов ба намоиш гузошт.

Инҷо ҷойи вохӯрии Комил Мирзоалиев бо партнерҳои ҳероинаш аз Афғонистону Русияву Қазоқистон аст.

Бале, хонандаи азиз! Дуруст пай бурдед.«Қаҳрамон»- и нашри нуҳуми маҷаллаи «Семейканюс»Рустами Эмомалӣ аст, ки гуфтем дар дуздиву яғмову ғорату чопидану балъидану дарнавардидан Раҳмоновро гузаронд. Ва, шояд минбаъд Рустам бо таваҷҷӯҳ бар онки то ним соли дигар имкон дорад дар курсии падараш шинад, «қаҳрамон»-и доимии барномаҳои минбаъдаи мо шавад. Ҳамин ҳоло ҳам он қадар маълумотҳо дар оршиви «Ислоҳ» ҷамъ омадааст, мешавад ду-се барнома таҳия ва пешниҳод кард. Аммо ин бор роҷеъ ба Авестогрупп ва ҷойгоҳи он дар саҳнаи тиҷорату молияи Тоҷикистон хоҳем гуфт. Вале дар оғози барнома хабарҳои ахир аз «Семейка»ро тақдим мекунем ва шумо ҳам бовар мекунед, ки дар Оила чи ҷунбуҷулҳои ғайримаъмулие шуруъ шудааст:

….Сахт омодагӣ дида истодаанд. Ҳукумат ба Рустам мегузарад. Муносибати Ҳасан Асадуллозода бо Рустам хуб нест. Гуфтааст, ки ба ҳамин қарибӣ пенса мебароям, дар Душанбе зиндагӣ карда наметавонам. Вай дар зодгоҳаш дар Чапаев 5-6 нафари ҳамсояашро дар замини колхозӣ замин додаву расходи сохтмони хонаҳояшонро пардохт кардаву гуфтааст, ки «аз инҷо бихезен, бояд, ки территорияамро калон кунам ва барои худам дачаву қасри калон бисозам,  давраҳои пирамро инҷо гузаронам». Чун Ҳасан Асадуллозода  медонад, ки Рустам президент шавад аз вазифа мегирад. Уже тайёриашро дида истодааст. Дар ҷойи хонаҳои хезонидаи ҳамсояҳояш уже сохтмони имораташро сар кардааст. Хусурбачаҳои президент, бародарони Ҳасан дар қабристони совхози Чапаев барои худашон як мақбара  сохтагианд. Барои 13 нафар. Мақбараи оилавӣ, модар  хоҳару апаҳо, бародарҳо бояд 13 нафар ҳамонҷо меғунҷид. Вақте Узбакбии хуштомани президент, модари Ҳасан мемурад Ҳасан сари қабр меояд. Онҷо Ҳусейнро  гур кардагианд. Ҳасан мебинад, ки ҷо барои шаш ё ҳафт гур мондааст яъне ҷо кам мондагӣ. Ҳасан бисёр ҳам хашмгину дар ғазаб шуда мепурсад, ки чаро танг сохтаед, намебарад 13-14 нафарро. Уже ду нафарро гур кардем, 6-7 ҷои дигар тамом. Гуфтанд, ки ҳоҷӣ Раҳматулло гуфт ҳамин хел кардем. Ҳасан гуфтааст:     «ҳоҷӣ Раҳматуллои шумо кӣ аст, ки ура гуш мекунед, сахт хато кардаед».

Аз ҳоло маълум шуда истодааст, ки ин натиҷаи азобу шиканҷа додани мардум, ба зурӣ гирифтани чизу чораи мардум аст ва дуоҳои бади мардум аст ки гурҳояшон танг мешавад. Албатта ин оғози ҳолати бадашон пеш аз ворид шудан ба қабрҳои мағоки пур аз оташи ин оилаи касифу золим аст.

Мегуянд, ки «ҳамиқа сум доранд,вале мардуми мурдае ҳастанд, ки …..ҳамааш корхонаву мағазину бозору завод доранд, аммо сахт гушнаанд. Мардум онҳоро бинад мегурезад. Одамҳоро дошта то соатҳои 1-2и шаб кор мефармоянд, пули корашонро намедиҳанд. Ҳамаро безор кардагианд. Ними Тоҷикистон дар дасташон аст аммо дилашон намешавад, ки усто ё мардикори пулакӣ гиранд. Кори инҳоро бинед, ки аз ҳоло барои худашон ҷои гур зайнит карда истодаанд. Тоба!

Аммо сохтмони қасри боҳашамати Ҳасан Асадуллозода дар Чапаев идома дорад. Ҳасан аз тарси онки Рустам  президент мешаваду ӯро аз Душанбе сур мекунад, дар Чапаев барои гуфти худаш давраи пенсааш манзили истиқоматӣ сохта истодааст. Аммо бо фермаи кудакҳои бе модараш чи мешавад,адади ин фарзандон аз шаст боло аст. Вазъу ҳоли онҳо чи мешавад онашро феълан чизе гуфтан наметавонем.

Ҳолати Фарзона ва Сафар дар чӣ вазъ аст?

Хабари талоқи Фарзона, духтари Эмомалӣ Раҳмонов аз тарафи Сафари бачаи Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистонро ҳам гуфта будем ва намешавад гуфт, ки ин ахбори свежийи «Семейка» аст. Вале се талоқ шудани Фарзона аз тарафи Сафар аз ҷониби як манбаъи мувассақ таъйид шуд. Ин манбаъ гуфт, ки дар оила шубҳа карда истодаанд, ки дар пушти моҷари ҷудоӣ ё талоқи Сафар ва Фарзона СС.Ятимов истодааст. Вагарна Фарзонаву Сафар бо ҳам мисли Лаливу Маҷнун ва Ромео ва Ҷулетта буданд. Як дона ангурро ду кас мегазиданду як дона анорро Фарзона мехурду донакашро дар даҳани Сафар меандохт. Вале чи мешаваду чи мемонад, ки навори любовҳову любовникҳои Фарзонаро ба Сафар ру ва намоён мешавад. Дигар дар 9этажкаи назди Пединстиут, ки дар ошёнаи чорумаш Сафару Фарзона мезистаанд буткаи охраннаи Фарзонаро кандаанд. Касе онҷо ин объекти охраняимоеро охранят намекунад.

Сафар гуфтааст, ки Фарзона аз апаҳои дигараш монданӣ надоштааст: ман насиҳати Рамзро нагирифтам (Рамз, шавҳари Зарина, писари Бег Сабур мурдамурда тоқат дорад. Ба ном зану шуянд. Зарина ҳатто кавалерҳояшро рӯйирост барои худаш шофери шахсӣ мегирад ва бо вай савор мешаванду инвару унвар кататса карда мегарданд.)

Баъди ҷудошавии ин завҷи ҷавон муносибати Эмомалӣ Раҳмонов бо Генпрокурор чи гуна шудааст, ҳоло маълумотҳо кофӣ нестанд. Аммо ин Раҳмонови даюс барои дуруғ баровардани ин гапҳо боз метавонад духтарашро ба хонаи Юсуф Раҳмон бубарад. Вале се талоқашро додагӣ аст. Дар даруни оила ҳама аз ин ҳодиса хабардоранд. Зоир (домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов) ,ки дар хуни Генпрокурор ташна мебошад, «аку дар к…и Юсуф Раҳмон ме..м» гуфта уже угрожать дорад. Вале як манбаъи наздик ба хонаводаи Раҳмонов гуфт, ки Раҳмонов мисли қаблӣ бо Юсуф Раҳмон часпондагӣ нест. Бесаброна интихоботи парлумонии соли оянда ва ташкили кобинаи навро интизор аст. Ҳозир намегирад, чун мегуянд, ки ниқори духтарашро гирифт. Аммо дигар он лутфу меҳрубонӣ нест ва дигар барои Юсуф Раҳмон дари хонаи Эмомалӣ Раҳмонов баста шудааст. Шоҳрух Саид дар круги худаш гуфтааст: «Интихоботи порлумонӣ гузарад мебинен читари лингои Юсуфак ай осмон меояд. И круги мора як намуд ғам додагияи,ки ма медонм читари кунум…»

Ҳолати набераи дигари пешво бо писари Вазири Адлия чи гӯна аст ?

Вале хабари талоқи духтари худи Зоир аз тарафи бачаи Музаффари Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон  садфоиз тасдиқ нашуд. Як манбаъи дигар гуфт, ки чанд рӯз пеш духтари Зоир бо бачаи Музаффар Ашуриён даст ба даст дар аэропорт ё ба Туркия ё ба Дубай париданд. Аммо манбаъи аввали мо ҳоло ҳам бар он аст, ки духтари Зоир бо бачаи Музаффар Ашуриён ҷудо шудааст ва ин хабар дақиқ аст. Хуб боз ҳам вақт нишон медиҳад.

Инки Зоир Зарифбеки боҷааш, шавҳари дуввуми Таҳминаро таги мушту лагад гирифта ва зада атолахур кардааст, низ рост будааст. Зоир аз аввал Зарифбекро шум медидааст ва Тахмина ҳеҷ кор карда натавониста будааст.

Зоир ҳозир боз як бизнеси пурдаромади дигарро якҷо бо Парвина Раҳмоноваи хоҳарзанаш, зани Ашраф Гулов, ки ба наздикӣ дар Дубай сафири Тоҷикистон таъин шуд ба роҳ мондааст. Ин бизнес ниҳоят пурдаромад аст. Дар коргоҳои тавлиди доруи «Сифатфарма» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров истеҳсоли метамфитамин, як доруи экстазии наркотикиро ба роҳ мондаанд.

Ашраф Гулов домодсафир ва хоркунандаи Тоҷик

Аз Ашраф Гулов ёдовар шуданамон беҷиҳат нест. Ахиран Ашраф Гулов ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Иморати Муттаҳаидаи Араб таъин шуд ва ин таъйинот барои Раҳмонов сахт дардисарсоз шудааст. Аз рӯзе Ашраф ба ин мақом таъин шуд Дубай барои бачаҳои тоҷик додани визоро қатъ кард. Тибқи қарори охири идораи муҳоҷират ё имегрешани ИМА мардони то сини 40 солаи шаҳрвандони Тоҷикистон визои саёҳатӣ набояд содир шавад.

Чанд тоҷирҳое, ки мошинхару мошинфурӯшанд занг зада мегӯянд виза гирифта намешавад. Дар Туркия ҳам вақтҳои ахир ҳамин хел виза гирифта намешуд. Онҷо ҳам фақат ба тоҷикҳо раводид намедоданд ва инҷо низ ҳамин тавр фақат ба тоҷикҳо раводид намедиҳанд. Ин Ашраф бисёр пойи наҳс доштааст. Ҳар куҷо меравад як бадбахтӣ меояд. Бачаҳо мошинҳоро хариданд. Миёнаравҳояшон афғонҳо буданд. Акнун рафта бо онҳо ҳисобӣ карда мошинҳояшонро гирифта наметавонанд. Ончи дар Москов кард дигар барои ҳама муҳоҷирон маълум аст.

Ашраф дар қочоқи инсон ва фурӯши духтарҳо дар Туркия таҷрибаи кофӣ касб кард. Кушиши Ашраф дар сафир шудани Дубай барои он аст, ки фурӯши духтарони ҷавону бачаҳои ёшро ба даст орад. Ин ҳама аз Точикистон ба Дубай интиқол мегарданд. Илова бар ин ҳама боз интиқоли масъалаи маблағҳои калон ҳам ҳаст. Аз Дубай ба Тоҷикистон бошад партияҳои калони телефонҳои мобилии пеши пеш ва боз маблағҳои калони пулӣ ворид мешавад. Ин ҳамаро нав Юсуф Раҳмон зери контроли худ дароварда буд ва Ашраф инро хуб медонист. Нақшаи Ашраф аввал бо Рустам боз ҳам наздиктар шудан буд, через зани Рустам. Қайсингули Рустамро ба бачааш дод ва баъдан ба симати сафири Иморот рафт.

Вақте Ашраф домод буд, шояд он қадар поддержка намешуд, масалан дар ҳоли таъинот ба ягон кори серьёзный. Акнун бошад ҳам Раҳмонов ӯро хотири духтараш дастгирӣ мекунад ва ҳам Рустам хотири қайсингулаш. Давр даври модаршоҳист. Ҳозир гап- гапи занако. Акнун Ашраф ки ба Дубай рафт, контроли ҳамаи клану каналҳо бо Дубайро зери назорати худ мегирад. Ашраф ба воситаи шофёраш, ки нафари бовариноки ӯст, аллакай ҳамаи нозукиҳоро дар аэропорти Дубай, ки ҷои тамоми намуди движуха аст, муайян кардааст.

Юсуф Раҳмон ба Прокуратураи нақлиёт фармон додааст, ки тамоми борҳо ва харакатхои Ашрафро назорат кунанд. Факту далелҳоро ҷамъовари карда ба Юсуф Рахмон диханд. Сафири пештара бе ичозати Юсуф Рахмон ҳеҷ коре намекард. Акнун Юсуф Раҳмон раҳгум зада аст. Нав системаи контроли бизнесхои гуфтагиро ба рох монда буд, ки Ашрафпаҳлавон  омад. Тамоми телефонхои Айфон,  Самсунг ва дигар намудхое, ки ба Точикистон аз Дубай меомаданд зери контроли Юсуф Рахмон буд. ЦУМ, ки дар он ҷо тиҷорати ассосии фурӯши телефонҳои мобили аст, дар контроли Юсуф Раҳмон аст. Умуман айни хол Юсуф Раҳмон хавотир аст.

Юсуф Раҳмон ният дорад, ки маълумотҳоро нисбати Ашраф ҷамъовари карда рост ба Эмомалӣ Раҳмонов пешниҳод намуда ӯро сиёҳ кунад. Аммо бе хабар аз онки Раҳмонов аз ин ҳама огоҳ асту ин ҳама даромад танҳо аз Ашраф нест.

Як нуктаи дигар. Юсуф Раҳмон маълумотҳоро ҷамъоварӣ кард, ки маҳз дар замони сафир будани Ашраф дар Туркия, тоҷиконро вербоват зиёд карданду дар терактҳо истифода бурданд. Юсуф Раҳмон медонад, ки Ашраф аз ҳамаи ин бохабар аст ва бо ағлаби гумонҳо ҳам қуш аст.

Авестогруппи Рустам ва шури муриҳояш

Ва ҳоло омадем, ки баъзе маълумотҳо дар бораи Авестогруппро манзуратон намоем:  Ширкатест, ки ба майдон бо як бераҳмии махсус ворид гашта тамоми рақобатҳои солимро аз байн бурд. Дар Авестогрупп мутахасисони хубро ҷамъоварӣ кардаанд, ки дар ҳама соҳаҳо фаъоланд. Ин хуб буд, агар ба фоидаи миллату давлат мебуд. Аммо ин ба фоидаи танҳо як оила аст. Ҷои пинҳон нест, ки ин ширкат ба Рустами Эмомалӣ таалуқ дорад. Роҳбари ширкат чи тавре, ки гуфтем, шахси наздики худи Рустами Эмомалӣ мебошад. Муовинонаш нафарони бо таҷриба дар самтҳои иқтисодӣ, молия, сиёсат ва дигар самтҳои афзалиятнок, мебошанд. Масалан чи тавре, ки медонем, қарзи Барқи тоҷик аз ҳисоби ақлӣ берун рафтаасту аз 1миллиард доллар гузаштааст. Ҳар нафареро, ки  дар роҳбарияти Барқи Тоҷик таъин кунанд, ҳатман ӯро Ҳасани Ориёнбонк маҷбур мекунад, ки аз Ориёнбонк ба номи Барки тоҷик қарз гирад. Он роҳбар намедонад, ки дигар чи кор кунад. Пештар талафоти суми барқ қариб 40% ташкил мекард. Яъне аз 100 сомонӣ 60 сомонӣ давлату 40 сомонӣ дар роҳ гум мешуд. Айни ҳол бошад баъди аз тарафи Авесто групп назорат гирифтани ин самт  ва ҷорӣ намудани счетчикҳои электронӣ, талафот 3%ро ташкил мекунад. Ин аҷоиб хуб аст. Аммо агар ин манфиат барои додани қарзи Барқи Тоҷик мешуду ба бардоштани маоши кормандони соҳа мебуд, хуб буд.

Ширкат ҳозир самтҳоеро, ки пештар Ҳасани Ориёнбонк контрол мекард, дар дасти худ гирифтааст ва ин ба Ҳасани Ориёнбонк тамоман писанд нест. Масалан пештар суми светро контролёрҳо ҷамъ мекарданду як ҳиссаашро медуздиданду бештарашро бурда дар дасти роҳбаронашон медоданд. Роҳбаронашон ҷамъ карда бурда доля ба Ҳасани Ориёнбонк медоданд. Ҳамин тавр ба бюҷет ҳар моҳ 40 то 50% кам пули барқ ворид мешуд. Ҳозир бошад Авестогрупп ҳамаро автоматикӣ кард. Сум рост электронӣ мегузарад, наличка нест. Ҳасани Ориёнбонк девона шудааст. Ин фақат як самти соҳаи фурӯши барқ буд.

Авестогрупп тамоми самтҳои наличныйро ба электронӣ иваз карда истодааст, ки ин бениҳоят хуб аст. Аммо чи тавре, ки гуфтем маблағҳо ба суратҳисобҳои бонкӣ мегузаранд, аз кианд онҳо, маълум нест.

Хуб, ин ширкат тамоми тиҷоратҳои баъзе аз соҳибкоронро «ба хубӣ» дар нохунак гирифта, имконияти рақобатҳоро аз байн пурра бурдааст. Яке аз роҳбарони ин ширкат, ки Шуҳрат ном дорад, дар болои Водонасос як ҳавлии бадвоҳимаеро сохтааст, ки аз дурҳо ҳам намоён аст. Албатта ҳавлиҳои мансабдорон зиёданд, аммо Шуҳрат дар ҷое сохтааст, ки аз виҷдону имон дур аст. Ӯ роҳи яке аз қабристонҳои шаҳрро пурра маҳкам карда, дар байн ҳавлиашро сохтааст. Тамоми мардуми мурдадор Шуҳратро бо падару модару аҳли оилааш лаънату дуои бад мекунанд. Наход дигар ҷо набуд, ки дар роҳи қабристон хона созӣ? Дигар роҳбари ин ширкат Зафар дар тамоми ҷойҳои ключевой хешу табори худашро мондаасту, тамоми движенияҳоро таҳти назорати худ даровардааст. Аз тамоми роҳбарони сохторҳои Авестогрупп доляи муайяншударо мегирад. Тамоми сардорони служба безопасностии сохторҳои Авесто группро ба худ ҷалб кардаасту  камбудиҳоро ҷамъ карда баъдан пул мекунад. Дигар роҳбарчаи ин ширкат Бежан бошад дар ҷалби жертва яъне инвесторони боқувват барои ҳамкорӣ бо Авесто групп фаол аст. Тамоми инвестороне, ки овардааст, ҳамааш бомж шуда рафтаанд.

Умуман, ин ширкат пушти Фарозро даронду ба як аждаҳор мубаддал гашт. Ба наздики Рустами Эмомалӣ як чанд самти дигарро тасарруф карда ба Авестогрупп дароварданист. Боз чандин соқибкори бегуноҳ жертваи наҳанг мегарданд. Маълумотҳои ҷолиб аз Авестогрупп ба «Ислоҳ» расидааст вале чун мо эълон намудем,ки маҳз дар мавриди Авестогруппи Рустам мехоҳем барнома доштабошем ва нависед. Маълумотҳои зиёд расид вале як нафари мавриди муътамади мо бо чанд далел моро мутақоид намуд,ки ҳоло ҳама ончи омадааст нашр накунем. Чун тибқи нақшаи кашидаашон ҳар маълумотро дар назди чанд нафар ба шакли махсус гуфтаанд, то бубинанд кадомаш мерасаду онҳоро шиносои намоянд. Аз ин хотир ҳоло мегузорем маълумотҳоро барои бахшҳои дигар ва бо шакли дигар. Шоҳрух ва Хуршед фикр кунанд хело доноанд дар ин масала ва метавонанд моро ба чолиш бикашанд сахт иштибоҳ кардаанд)))

Сообщение Семейка news №9 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№126
Ин маълум аст ки Раҳмонов ва ҳукумати вай ва чоплусону тамаллуқкорони вай аз “Ислоҳ” бисёр ҳам нороҳату безоранд. Бисёр ҳам бад мебинанд. Махсусан барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳоро»  зиёдтар бад мебинанд. Чунки «Номаҳо…» барои мардум навиштан ва ифшо карданро осон кард. Он чи, ки мебинанду мушоҳида мекунанду мехоҳанд бигуянд, хеле ҳам осону роҳат менависанду мефиристанд ва мебинанд, ки нашру пахш мешавад, боз ҳам ин корро идома медиҳанд:

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол.

Сипоси зиёд бар шумо, ки навиштаҳои маро ба чоп медиҳед. Вақте мехонед мефаҳмед, ки ман кӣ ҳастам. Чи бароятон мегуям?

Кадрҳои куҳна аз омадан ба саҳнаи сиёсат ва ҳукумат аз командаи Рустами герчик сахт хавотиранд. Чи тавре, ки яке аз собиқадорони ҳукумат гуфт, «Мо ку бо хуб як пастиву баландира дида омадем, ин гурӯҳи авбошу наркоман умуман дидагӣ нестан ҳичира. Инҳо хурда сер омадагиян, умуман раҳм надоран».

Бисёр ҷолиб гуфтааст. Ҳар нафаре, ки дар круги Рустам аст, ранги саги гушнаи даранда аст. Бародарон Мирзоевҳо пеш аз бо Рустам часпондан, калаву пуст ба тиҷорати наркотик машғул буданд. Баъдан Хуршед Мирзоев худашро ба Шоҳрух часпонду ба Рустам наздик шуд. Он сумҳоеро, ки аз тиҷорати калони героин ба даст оварданд, барои оне, ки аз дасташон нагирад, дар тиҷорат заданд. Мирзоевҳо медонанд, ки мақсадашон расидан ба нуқтаи асосӣ аст. Нуқтаи асосӣ ин кормушкаи оила аст. Яъне Ориёнбонк, ки дар ниҳодҳо тобеи он, чун Ориёниншуренс –ширкати бима-страховая компания, ки тамоми корхонаҳои калон дар он худро страховат кардагиянд. Талко ва дигар корхонаҳои бузурги давлатӣ мебошанд.

Шоҳрух Саидов дар хоб намедид ҳатто, ки Хуршед ба ин мартабаҳо мерасад. Ӯ фикр мекард, ки гузиданашро аз Шоҳрух мепурсад. Худашам Шоҳрух чанд бор гуфт, ки «онаи иёра б…ом миёришон аввалда, то ридана пурсида мекнан, ба мебинӣ ки кор тамоман дигар». Хуршед ба Муҳаммади бародари калониаш, ки роҳбари Авесто- групп аст, гуфтааст, ки «иқа сума мо да и к…изано задем, бояд сад баробар барорем сумомона». Ҳамин тавр ҳам ҳаст. Мехоҳам чанд чизи дигарро бароятон бигуям.

Эмомалӣ Раҳмонов Мансур Умаровро дар ҷои Иззатулло Шарипов, сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия таъин карда ба вай амрҳои махсус дод. Дар зиндонҳо бо моддаҳои терроризм, экстремизм ва монанди инҳо нафарони  зиёд ҷамъ шуда буданд, ки бархе аз онҳо дар ҷангҳои Сурия ва дигар минтақаҳо иштирок карда, диду ақидаҳои чунини доштанд. Аксарияти онҳо дар тюрмаи Кирпичный, ки дар роҳи Душанбе- Ваҳдат аст, адои ҷазо мекарданд.

Дар зиндонҳои Хучанд, зиндони рақами 1, ки пеш дар Душанбе буд ва баъд ба назди Кирпичный кучонда шуд, низ ин гуна нафарҳо зиёд буданд. Ба Раҳмон ҳама вақт маълумотҳо мерасад, оиди нафарони гуё хатарнок. Мағзу эҳсоси уро бо чунин нафарони хатарнок пур мекунанд. Ҳамин тавр мебоист як чисткаи нимкола шуда   шумораи ин гуна нафарон кам карда мешуд.

Нақшаи он ҳодисае, ки онро мақомот бунт номиданд ва дар он шайх Темуру дигар нафарони номдор, аз ҷумла эшони Қиёмиддини Ғозӣ кушта шуд, пурра дар назди худи Мансур Умаров тарҳрезӣ шуда буд.

Барои анҷоми ин кор нафарони иҷрокор лозим буд. Чун ҳар вақт мақомот ваъдаҳои дуруғ монанди «кора кнен,ҷавобтон метем, ё срокотона кам мекнем»-ро доданд. Ҳамин хел бо писари Гулмурод Ҳалимов, ки сардори ОМОНи МВД буду баъд бо ДОИШ пайваст ва бо Обиди бачаи Эмом Хуяк, бо Рустами фархорӣ, ки лақабаш Хаммер ва бо дигар нафароне, ки гапзану гапгузарон буданд,  пешниҳодҳо шуд.

Писари Гулмурод Ҳалим бо як нафар, ки номаш Руҳулло буд ва бо Обиди бачаи Эмом Хуяк дар як барак меистод, розӣ шуданд. Аммо чи ваъдаҳо ба онҳо шуд, рости гап то ҳол маълум нест. Рӯзе, ки он ҳодиса иттифоқ меафтад, баъди намози таробеҳ мебароянду ба тарафи Шайх Темуру Махсуми Саттору Қиёмиддини Ғозӣ ва дигарҳо медаванд. Писари Гулмурод Ҳалим бо ҳамроҳии Руҳулло ва боз чанд нафари дигар бо онҳо ҳамроҳ мешаванд. Дар ин ҳолат Муқим Табаров, ки дар филми «Беҳуда хорам мекунӣ» бозӣ кардааст ва он вақт барои ҷинояте адои ҷазо мекард, Зайд Саидро гирифта мегурезонад ба тарафи фермаи зиндон. Рустами фархорӣ бошад гурехта дар болои крыша баҷо мешавад. Дар тюрма бетартибиҳо зиёд мешавад, утоқи кории сардори зиндонро оташ мезананд, мардуми даркориро мекушанд. Мақомот интизори занг аз дарун буд ва то занг мақомот ҳуҷум накарданд. Маслиҳат чунин буд, ки «одамҳои даркорӣ»-ро занг мезананду мақомот штурм мекунад. Писари Гулмурод занг зада мегуяд, ки «тамом, мо корро кардем, дроен мора, фақат зарар нарасонен, маслиҳат ҳаму маслиҳати худмон». Вай тупой ай куҷо медонист, ки барои онҳо штурм мешавад. Мақомот даромада аввал иҷрокунандагони асосиро куштанд. Ҳамчунин нафарони зиёдеро, ки дар руйхати мақомот қарор дошт, убрат карданд. Ними тюрмаро ток монданду шиканҷа карданд, ки чунин гуеду чунон гӯед. Муқим Табаровро, ки пешакӣ гуфта буданд,  ягон гап шуд сразу Зайд Саидро гурезон тарафи ферма, баъди ин кораш Муқимро озод карданд. Боз чанд нафари дигарро ҳам барои иҷро озод карданду сабуки доданд.

Рустами фархориро рост ба тюрмаи Хуҷанд этап карданд. Мансур Умаров баъди анҷоми амалиёт рост ба Раҳмонов доклад карду гуфт, ки анҷом додем. Раҳмонов гуфт: «о иқа одам мурд ку»? Мансур гуфт, ки «Ҷаноби Олӣ дигар роҳ набд. Бояд мо ҳодисаро ҷангу даъво байни ду группа дар зиндон нишон медодем. Дигар хел намешуд». Қиёмиддини Гозиро бо Махсуми Саттору Шайх Темур убрат карданд. Сабаби убрати Қиёмиддини Ғозиву Махсуми Саттор маълум. Раҳмонов қасами  нобудии ҳама аъзоёни болоии ҲНИТ-ро барвақт, ҳануз дар соли 1999 хурда буд. Вай ба Ислом Каримов ваъда карда буд, ки онҳоро маҳви физикӣ хоҳад кард. Аммо бо шайх Темур чи мушкил дошт, ҳама ҳайрон шуд.

Ин ҳолатро барои он гуфтам бародар, ки баъди додани ҳукми зиндон ба аъзои гурӯҳи қатли Шуҳрати муовини Ҳасани Ориёнбонк, онҳоро ба зиндон мебаранд ва баъди оне, ки онҳо аз карантинаи зиндон баромада дохили зиндон медароянд, бо ҳамин хел сценария мекушандашон. Аллакай тайёрӣ дидагианд.

Айни замон Юсуф Раҳмон бо собиқ Прокурори Генералӣ Бобоҷон Бобохонов часпонду баъзеҳо хайрон шуданд. Аҷиб замонае шудаст. Пештар Раҳмонов ягон касро мегирифту антипартийный мекард, дигарҳо ҷуръат намекарданд, ки бо у салом кунанд. Ин Юсуф Раҳмон бошад, рост оварда дар бари худаш шинондаш. Ин як маъно дорад, ки Эмомалӣ Раҳмон даврат рафта истодааст! Чунки Бобоҷон Бобохоновро гуруҳи Ҳасан Асадуллозода ва Нусратулло Абдуллоеву Шерхон Салимзода дар назди президент сиёҳ карда буданд ва Раҳмонов ҳам хеле бо лаҳни дурушт уро аз кор ҷавоб дода буд.

Аммо ҳоло Юсуф Раҳмон Бобоҷон Бобохоновро ба кабинеташ зиёд даъват карда оиди худи Эмомалӣ Раҳмонов ва наздиконаш ва дигар нафарон маълумот ҷамъ меоварад:

«Иш чи хел буд, уш чи хел буд. Барои чи иша гирифту уша не». Яъне хушру, пурра маълумоти хубу заруриро ҷамъоварӣ кард. Бачаи Бобохоновро прокурори як ноҳия таъин кард.

Он нафароне, ки пештар дар Прокуратураи Генералӣ дар вазифаҳои хуб кор мекарданд, аз онҳо Юсуф Раҳмон барои вазифаҳои гуногун пулҳои калон гирифта буд, аммо онҳо аз кор гирифта шуданд. Аз болои онҳо тавассути мактубҳои анонимый-анонимка, ба Президент маълумот ирсол мекунанд оиди корҳои пинҳонии Юсуф Раҳмон.

Обиди бачаи Эмом Хуякро бошад аз срокаш кам кардану «дар тюрма хуру гард гуфтанд». Зоир бедарак, ки кушандаи шогирдаш ва кидаткардагиаш дар тюрма ҳам гапзан аст. Яъне Обид.

Челябинск
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Мардум аз навоҳии кишвар, аз ғаму дарди худ шикоят кунанд, аммо дар ин нома ман аз уламои дин шикоят мекунам. Аз уламои дин дар Тоҷикистон, Афғонистон ва ҳатто дар тамоми дунё. Ва хусусан аз онҳое, ки зидди муборизин ва мухолифини мо, мардуми Тоҷик ҳарф мезананд ва ин ҷавонмардонро ба куфр муттаҳам ва талош мекунанд, ки эътиқоди мардум аз онҳо канда бишавад. Ҳоло дар инҷо аз бародар Муҳаммади Ансорӣ ва якчандтои дигар чизе намегуям.

Хитоб дар инҷо ба ҳамон олимони динӣ ба мисли Искандари маданӣ ва ҳамақидагони дигари ӯ аст. Ба ту гуфтаниям эй Искандари маданӣ! Ту бадбахт аз ин ҳизбиҳову муборизин чи бад дидаӣ, ки ин қадар ҳукм ба куфр мекунӣ? Онҳоро, чи кори куфрашонро дидаӣ охир?
Агар рӯзе шавад, ки ҳукумат тағйир хурад, ки ин ша’а Аллоҳ тағйир хоҳад ёфт, шояд ин мухолифон ба ту ҳам иҷозаи зиндагӣ дар ватанро диҳанд. Аммо ба туи курнамак ҳайф аст! Мо мардуми одӣ туро дар ватан ором намегузорем. Манзур аз ин не, ки туро мекушем. Не, мо қотил нестем. Ба мисли худат рафтор мекунем. Ҳар куҷо, ки ҳарф мезанӣ, суханҳои худатро бар зидди суханҳои дигарат истифода бурда ҳукми худатро ҳам мебарорем. Ва дар ҳар куҷо, ки туро дидем фишорат меорем ва масхараат мекунем. Ту ки обуруй надорӣ. Боз обруятро ду тини пучак мекунем. Чи гунае, ки ту имрӯз ин мухолифонро мекунӣ. Ин буд хитоби якчанд ҷавонмарди тоҷик ба ту.

Ҳозир як ҳарфи худатро мисол меорем, айнан гуфтаи худат аст: эй Искандари маданӣ, хуб гуш кун! Ту як навори бародар Муҳаммадиқболи Садриддинро гирифта мисол овардӣ, ки дар он навор мегуяд, Сарқонун ягон мушкил надорад вале ту уро ҳукм ба куфру муртаду мушрику дигару дигар чизҳо кардӣ. Аммо дар инҷо ман ба ту мегӯям, ки агар ту Сарқонунро куфр медонӣ, пас ҳамин Ютубро ҳам истифода набар, ки агар мисли гуфтаи худат гирем худат ҳам ҳукм ба куфр мешавӣ.

Ин ба гуфтаи худат аст. Мо аз руи ягон китобе нагуфта истодаем. Барои мисол дар Сарқонун, кӣ меъёру қонун ҷойгир мекунад? Албатта инсон! Аммо дар зери программаи  Ютуб, кӣ қавонин ҷойгир мекунад? Дар инҷо ҳам инсон! Яъне он нафароне, ки программаи Ютубро сохтаанд. Ҳоло онҳо насронӣ, яҳудӣ ё мусалмон ҳастанд,мо намедонем, аммо инсонанд ва ин инсонҳо баъзе аз қавонинро ҷойгир кардаанд, дар программаи Ютуб,ки дигар инсонҳо, ки онро истифода мебаранд, маҷбуранд ҳамон қавонини Ютубро истифода кунанд ва дар шабака фаъол бошанд. Масалан агар дар ҳамин Ютуб навор карда напартоӣ ё ин ки лайк намонӣ, ё ин ки маблағи интернетро пардохт накунӣ, ё подписатсия накунӣ ё тугмаҳое, ки имрӯз сенсорӣ ҳастанд, пахш накунӣ ва эфир накунӣ то ин ки эфират ба дигар мардум рафта нарасад ва дигар чизҳо ҳастанд, ки инсонҳо зери программаи Ютуб ҷойгир карданд. Агар инҳоро истифода мебаред, пас ту ҳам зери ин ҳукм дохил мешавӣ, эй Искандари маданӣ. Ҳоло шояд барои худат далел оварӣ, ки «э ин Ютуб як ҷисми  беҷон аст». Пас, бигу оё Сарқонун ҷон дорад? Аблаҳ! Хуб гуш кун! Агар ба Ютуб баъзе корҳоятро пеш барӣ замони ҳозира, ки илм пеш рафтааст, пас бо Сарқонун як давлатро пеш мебарӣ! Агар боз ҳам қабул накардӣ ва ин суханҳо таъсират накарданд, пас ту ҳам Ютубро дигар истифода набар. Ютуб ҳам дар дохили худ баъзе қавонини худро дорад, ки ту маҷбур мешавӣ он қавонини Ютубро ба ҷо биёрӣ ва корҳоятро пеш барӣ, пас ту ҳам кофир шудӣ. Чунки инсонҳо он қавонинро дар Ютуб ҷой доданд ва ту истифода бурдӣ.
Ҳоло ин яке аз мисолҳо буд. Боз ба мисли ҳамин дигар мисолҳоят меорем. Масалан,ту эй Искандари маданӣ дар дилхоҳ давлат ҳам бошӣ бояд ронандагии мошинро ҳам накун. Чунки қавонин ва қоидаи ҳаракат дар роҳро ҳам инсонҳо навиштаанд ва агар ту дар мошин рафта дар чароғак истӣ ба мисли гуфтаи худат боз ҳам даст ба куфр задӣ. Чунки инсонҳое, ки қавонин навишта карданд, ту қонуни онҳоро итоат кардӣ ва қофир шудӣ. Ва боз дигар мисолат меорам. Аз ин пас дар кадом давлате, ки набошӣ, дар ҳамонҷо бимон ва дигар ба ягон давлати дигар сафар накун. Агар сафар кардӣ, боз маҷбур мешавӣ тавассути гумрук бигузарӣ ва дар паспорти ту печати контрол мезананд ва ин қонунро, ки инсонҳо эҷод кардаанд ва дар гумрук ба иҷро гузоштаанд бояд иҷро кунӣ ва ту боз даст ба куфр мезанӣ, чунки қавонини инсонро ба ҷо меоварӣ ва итоат мекунӣ.

Ва дар ҳамин ҷо мо як таъғирот ворид кардем!

«Эй Абӯ Муҳаммад мадани ту дар як барномаи ютубиат гуфти, ки Муслима Аҳмади шавҳараш даюс шуд ва онҳоро ҳукм ба куфр карди зеро дар ютуб баромад мекард ва суолу ҷавоби дини мекард аммо худат дар телеграммаат дар пахши мустаъқим бо занон гап мезанию суолу ҷавоб мекуни яъне онҳо ҳам кофир шудан? Шавҳарҳояшон даюс шуд? Ва худат боиси даёсати онҳо шуди магар?»
Мо наворҳои бо занон гап заданатро дорем агар имконаш бошад тими техникии “Ислоҳ” дар барнома ҷойгираш кунанд!

Ҳоло дар инҷо боз ба як нафари дигар мехоҳам хитоб кунам, ки номаш эшони Саид Муҳаммади Ғозӣ ҳаст ва номи каналаш «Андешкадаи мисбоҳ».

Ӯ инсонҳоро ба кадом мазҳаб даъват мекунад, мо намедонем ва мазҳаби худаш ҳам чист намедонем, аммо фақат шиъаҳоро таъриф мекунад. Мардум эҳтиёт кунед, фиреби ӯро нахуред, то ин, ки мазҳаби худатонро гум накунед. Хуллас, шикояти мо ин аст ки ӯ вақте Исроил болои мардуми Фаластин ҳуҷум кард, мегуфт ки онҳое худашонро мухолиф мегӯянд ва мубориз мегӯянд чаро дар қазияи Фаластин хомушанд. Ва Украинаро мисол овард, ки дар масъалаи Украина онҳо гап мезаданд ва Шарофиддин Гадоевро мисол овард, ки онҳо ҳатто намоянда равон карданд ба Украина, аммо имрӯз дар қазияи Фаластин хомушанд. Ва ҳатто Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро мисол оварда хеле танқид мекард ва паст мезад ва масхара ҳам мекард ва мегуфт худашонро номҳо гузоштанд, якеаш барномаи “Ҳақу ботил” ташкил кардааст дигариаш “Ислоҳ”. Воқеан ҳамин гапро гуфт. Як бор “Ислоҳ” гуфт ва як бори дигар боз “Ислоҳ” гуфта масхара кард.

Танҳо худашонро ҳақ мегуянд аммо барои Фаластин хомушанд, ҳарф намезананд. Аммо пеш аз моҳи рамазони соли 2024 Раҳмонов ҳамроҳи уламои динии Тоҷикистон маҷлис кард. Дар он ҷо нисбати падари ин хело бадгӯӣ кард. Акнун  Эшони Саид Муҳаммад Ғозӣ метавонӣ ба Раҳмонов як ҷавоб гардонӣ. Чи оё метарсӣ? Дар масъалаи Фаластин нисбати мухолифон забонат дароз буд. Аммо дар қазияи падари худат чаро Раҳмоновро бе посух мемонӣ. Тарс чизи зур аст, ҳамин хел не? Барои ҳамин курпаатро чени пойҳоят дароз кун ва ба давлати Эрон ҳам онқадар сахт дил набанд. Эрон ҳам як навъ диктатурӣ аст. Ҳар вақт метавонанд туро ба Тоҷикистон истирдод кунанд. Хубаш ба хотири гузаштаат ба ягон давлати дигар бирав. Чунки мардум дар бораи бастагони пешинаат суханҳои хуб мегуянд.

Боз хитоби дигар ба тамоми олимони дини исломӣ дунё, алалхусус ба уламои Афғонистон, онҳое, ки бо ин Искандари мадании бадбахт мувофиқ ҳастанд ва дилхоҳ шахсиятҳо ва мардумонро ҳатто ба куфр муттаҳам мекунанд. Магар шуморо Худованд танҳо барои такфир кардану фатво додан офаридааст? Фардо пеши худованд чи ҷавоб мегуед? Мегуед, ки худованд моро бубахш! Мо танҳо зурамон ба такфир кардану ба фатво додан мерасид? Барои чи амал намекунед? Мардумро ку бо куфр муттаҳам карда метавонед? Мегуед аввал ба демократия кофир шавед, баъд мусалмон шавед. Аммо шумо чаро аз ҷоятон хеста амал намекунед? Чаро аз ҷоятон хеста аз паси сохтани як ҳукумати исломӣ нашудед, то ин ки мардуми мусалмон зери як ҳукумати  исломии воқеӣ имруз зиндагӣ мекард. Агар дар дилхоҳ давлати ҷаҳон як ҳукумати исломии воқеӣ бошад, дониста бошед, ки аз тамоми мардуми мусалмони дунё омада зери сояи ҳамон ҳукумат зиндагӣ мекарданд ва безор будан аз ҳамин  диктатуриву тоғутии имруза. Фақат ҳукм ба куфр кардан ягон чизро тағйир намедиҳад, амал кардан даркор!
Дар баъзеҳояш ҳайронам. Якеаш дигарашро ҳукм ба куфр мекунад ва дигараш инашро ҳукм ба куфр мекунад. Охир дар дунё оё ду дини ислом аст? Охир ҳазрати Муҳаммад салаллоҳу алайҳи вассалам дуто дини исломро паҳн карда буд, ки мо аз яктои дигараш бехабар мондем?.

Як олими дин худаш олим аст боз дигар олими динро, ки ӯ ҳам олим аст, ҳукм ба куфр мекунад. Боз ҳамавақт яҳуду насороро гунаҳгор мекунанд, ки онҳо душмани мусалмонҳо ҳастанд. Охир агар яҳуду насоро душман бошанд, онҳо душмании худро мекунанд. Аммо чаро уламои дини исломи кушиш намекунанд барои  пешравии мусалмонон, барои зиндагии хуби мусалмонон? Чаро як ҳукумате намесозанд, ки мусалмонон орому осуда зиндагӣ кунанд? Ҳадди ақал биёед дар ҳамин масъалаи такфир кардани якдигаратон яҳуду насороро гунаҳгор накунед. Барои он ки на ту олими дине, ки такфир мекунӣ яҳуду насороро қабул дорӣ, на он, ки ту такфир кардаӣ, олими дигареро, ки он ҳам яҳуду насороро қабул надорад. Пас, мардак барин гуфтан даркор аст ки дар ҳамин масъалаи такфир кардани олимони дин ба якдигарашон яҳуду насоро гунаҳгор нестанд, балки бемаданиятии худи ҳамон олимон аст, ки худашон ба ин чизҳо роҳ медиҳанд.
Ва як хитоб дигар мекунам ба уламои динӣ дар масъалаи ҷанг дар дилхоҳ давлати мусалмонӣ. Вақте, ки дар яке аз давлатҳои мусалмоннишини дунё ҷанг аст, масалан ба монанди Фаластин муҳтарам олимони динӣ хоҳиш мекунем аз шумо, ки вақти фатво додан аввал як каме дуртар андеша кунед, баъд фатво диҳед ва ё, ки ягон чизи дигар бигуед. Аз мардум вақте талаб ва ё даъват мекунед ва ё дилхоҳ нафарро муттаҳам ба хомушӣ  мекунед як кам фикр карда баъд садо бароред.
Ман барои шумо як мисол меорам то ин, ки барои ҳама фаҳмо бошад. Масалан, мисол меорем Арабистони саудиро. Муҳтарам уламои дини Тоҷики Афғонистонии арабӣ.Пеш аз онки дар Арабистони саудӣ ҷанг шавад ва ё дилхоҳ давлати дигар ба Саудӣ ҳамла кунад, шумо аз ҳозир бояд даъват ба ҳукуматдорони Арабистони саудӣ кунед, ки биё мо мусалмонон якҷоя шавем ба мардуми одӣ не, ба ҳукуматдорон. Зеро мардуми одӣ заиф ҳастанд. Ва ба ҳукуматдорони Саудӣ бигуед, ки фардо, ки ҷанг сар шуд дар Саудӣ  баъд уламои динӣ сар накунед, ки мусалмон бародари мусалмон ҳастем, нолакуниро сар накунед, рафта ба Саудӣ ёрӣ расондан даркору дигару дигар. Хуб, маълум аст ки қиблаи тамоми мусалмонони дунё дар Саудӣ аст. Аммо аз ҳозир хомуш наистед. Хеста барои як шаҳрванди дилхоҳ давлати дунё рафтан ба Саудиро осон кунед. Масалан вақте ки ҷанг шуд.

Дар Арабистон як инсон вақте ки ба зиёрати хонаи Каъба бо ин қадар мушкилӣ меравад бо виза гирифтану хулас хело мушкилиҳоро тай мекунад, пас чигуна дар вақти ҷанг ба Саудӣ рафта ёрӣ расонад? Ҳар касе, ки ҳамин чизро фаҳмид, пас қазияи Фаластин ҳам чунин аст. Ва беҳуда дигар давлатҳои мусалмониро муттаҳам накунед. Манзурам мардуми одии мусалмон аст, на онки аз ҳукуматҳои диктатурии давлатҳои мусалмонон.
Ва дар охир ба уламое, ки нисбати мухолифони Тоҷикистон бадгӯӣ мекунанд ва онҳоро ҳукм ба куфру дигару дигар мекунанд, гуфтаниям, ки мо дар инҷо ба шумо мегӯем, ки шумо чени ними инҳо хизмат накардаед. Аз шумо дида ҳазорҳо маротиба хизмати бештар кардаанд ва мекунанд. Масалан шумо уламоҳо хомушед, аммо инҳо зидди диктатура гап мезананд. Шумо шабҳо хобед инҳо дар ғами миллати Тоҷикистон бедоранд. Шумо истирдод намешавед ва ё дуздида намешавед, инҳо ҳар чанд вақте яктоаш истирдод ва ё  дуздида ва ё кушта мешаванд. Барои ҳамин хизмат карда наметавонед ҳади ақал хомуш нишинед. Ва он нафарон ва ё уламое, ки бо мухолифини Тоҷикистон ҳамфикр нестед, шумо дониста бошед, ки мухолифони тоҷик ҳамаи чораҳоро дида ва андешидаанд ва ба хулосае омаданд, ки феълан мо барои Тоҷикистон ва мардуми Тоҷик ва дини мубини ислом ҳамин қадар хизмат карда метавонем.

Ва касоне, ки думболи як ҳукумати исломӣ дар Тоҷикистон ҳастанд, ё ин ки мехоҳанд як ҳукумати исломӣ дар Тоҷикистон бошад, дар ин ҷо манзурам ҳамон  уламои динанд, ба шумо як савол медиҳам ва ин савол ба онҳое дахл дорад, ки Толибонро қабул доранд, шумо рафта якбор аз Толибон пурсед ва Толибонро бигуед, ки биё мо модоме Афғонистонро дар даст гирифтем, мо уламоҳо дар ихтиёратон тарафдориатон мекунем аммо Афғонистонро гирифтем, пас биё ҳоло як давлати дигарро мезанем ва мардумашро мусалмон мекунем. Чунки яке аз корҳои пайғамбар паҳн кардани мусулмонӣ ва паҳн кардани дини ислом буд. Биёед, масалан ба давлати Чин меҷангем ва мардумашро мусалмон мекунем. Баъд аз давлати Чин боз ба Русия, Амрико, Аврупо ҳамла  карда мардумашонро мусалмон мекунем. Баъд ҳамон Толибон худашон як ҷавоби хеле хуб медиҳанд ба шумо. Баъд мегӯянд охир шумо девона ва равонӣ ҳастед чӣ?

Давлатҳои Чин, Амрико Русия ҳамаи инҳо бомбаи атомиву дигар яроқ силоҳҳои ҷангӣ доранду зури мо ба онҳо намерасад, 4 бомби атомӣ мепартоянд, дигар тамом-: на ба  ҳукумати исломӣ ва на ба ҳукумати демократӣ мерасем. Ба ҳукумати диктатурӣ мерасем.

Ин буд барои ҳамон уламои динӣ, ки хостори ҳукумати исломӣ ҳастанду аммо коре намекунанд. Мухолифини Тоҷик бо дигар роҳ мехоҳанд барои беҳбудии мардум коре кунанд, аммо инҳо монеа мешаванд.

Исфара

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол! Ман ин қадар гапдон ҳам нестам. Вале мехоҳам  камтар дарди диламро гуям. Ман аз Чоркӯҳ, ки бо қирғиз ҳамсояем. Байнамон як девор. Аммо дар қирғиз свет ҳаст дар мо нест. Аз девор он тараф свет дорад дар ин тараф нест. Ин як шармандагӣ аст бахудо. Дирӯз шаҳри Исфара рафтам. Хостам ҷойнамоз харам. Тамоми дӯконҳои ҷойнамозфуруши маҳкам, печат зада манъ кардааст. Астағфируллоҳ, тавба! Дузду бузу бузғолаҳо номашон Аюбов Сулаймон, бузи пеши пеш Аббосов Фирӯз, муаллим Сафаров Урмон -вакили маҳаллаи Сомониён тамоми одамҳоро фурӯхта дуруғу рост туҳмат карда се ҳазор то панҷ ҳазор сомонӣ гирифта сар дода истодаанд. Вақте, ки хонаҳои мардум сӯхт ва ба мардуми ин минтака кӯмак омад Аюбов Сулаймон аввал бо авлоди худ тақсим кард. Хеле камашро ба миқдори ночиз ба хона сухтагиҳо дод. Сафаров Урмон тамоми ҳизбиҳоро фурухт. Дар хонаҳои мардуми Сух як сузан намонд. Ниму нимкора сохтанд. Тамоми долларҳои кумакшудаи дигар давлатҳоро хурд. Ин ҳаромхурҳо мактаб сохта истодаанд. Подвал ва якум этаж буд шуд аммо дуюм этажро қирғизҳо манъ карданд. Инҳо мисли қурути турш шудагӣ гирифта корро дошта шиштаанд. Қирғиз шин гуяд мешинанд, хез гуяд мехезанд. Мо дар чунин вазъияту ҳол хомӯш шинем Ворух, Хоҷаи аъло ва Сомониёнро медиҳанд. Мо бояд хомӯш набошем. Аз ҳамаатон хоҳиш мекунам ҳамин номаи манро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед. Бояд мардум фаҳманд.

Конибодом

Ассалому алейкум устоди азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Қаблан чанд нома навишта фиристодам, аммо нашр накардед. Ин севвумин бор аст ки менависам. Мехоҳам ба унвони як бародари Шумо аз тағйироте, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутии Конибодом баъди нашри номаҳои охирини  №123 ва №124 ба вуқӯъ пайвастаро ба Шумо ва ба мардуми азизи Тоҷик маълумот диҳам. Баъдан ба таври русуми қабули номаҳои қаблӣ аз ҷониби мақомот ва ана ҳамон бузу дуздҳое, ки дар номаҳои қаблӣ  бозгӯ шударо хоҳам навишт.

Ҳоло дар Конибодом рейдҳои сахт рафта истодааст. Мисле, ки комендантский час эълон шудаст ва аз ҳамин сабаб амниятиҳои газанда куча ба куча шабҳои торики бесвет мегарданд. Мо мардум ба дод омадем аз дасти инҳо. Ҳоло инҳо тамоми бузҳояшонро активация кардаанд. Номи яке аз амниятиҳои милисаи бузи палиду нопоке, ки ман метавонам инчо дар борааш нависам номаш Некруз аст. Байни мардуми ҷабрдида лақаби Ниндзяро дорад. Чандин духтарони Лоҳути ва Ҷаҳонзебро беиффат гардонидааст. Зодаи Панҷакент мебошад. Вай як нағмае дорад. Ба хонаҳои одамон даромада онҷоро соҳибӣ мекунад. Яъне дар хонаҳое, ки соҳибаш дар Русия  аст. Вақте барқ хомӯш мешавад вай шурӯъ мекунад ва ба хонаҳои холии мардум медарояд. Хеле орангутан аст. Чандин мошин дорад. Рузҳои аввал, ки ба Конибодом омад ҳеҷ мошин надошт, ҳатто як опели шалақ ҳам надошт. Ҳоло бошад ҷавонҳоро облава дорад. Сари як бачаи 18 — 27 сола то 12000 сомонӣ мегирад. Мардуми бечораи Лоҳутӣ ва Ҷаҳонзеб ба дод омадаанд ва ба самти Русия ру ба фирор оварда истодаанд.

Тақрибан 1200 нафар бачаро облава ва пул гирифтааст.

Ба хонаҳои мардум медарояд ва баъди баромаданаш бо махсус техника отпечаткаҳояшро пок мекунад. Ва аз ҳамин сабаб мо мардуми Конбодом худро дар амн ва бехатар  ҳис намекунем.

Бовар кунед бародар ман боварии комил дорам ки ингуна корҳо ҳатто дар Афғонистон сурат намегирад. Аммо фақат дар Тоҷистони соҳибистиқлол ин гуна корҳо дида мешавад.

Аз ҳамон деҳаи Ғайрати Хоҷапанҷӣ. Қадпасти буз аст. Ба бачаҳакои боло мардумро мефурушад ва пулҳоро ба генералаш медиҳад.

Байни бузҳояш бо фахр гуфтааст, ки: » Ҳамин мардуми суғд ганда соддача будас- а, аз тарса якдигариша бузӣ мекунад, ман ҳозир ганда пул кор карсодам. Зоро Буратино мана перевод накунад, аз сугд дигар вилоятба. Дар бори ман кимки Ислоҳба навистаст, ҳа вай ман пула вақташба медиҳам манба ягонта говсавори  мақомот гап зада наметонад.»

Мақомот бо махсус мошинҳои тонировка дар дари деҳаҳои Ҷаҳонзеб, Лоҳутӣ, Маҳрам ва Санҷидзор мегарданд. Гоҳо ниндзя ба мошин мешинад ва  бачаҳоро мебарад.

Мо мардуми шаҳри Конибодом ҳамагон хоҳиш мекунем аз Эмомалӣ Раҳмонови диктатор ва Азизмоҳ Раҳмоноваи газетхонак, ки ин нафарро аз вазифааш  аз райони мо несту дафну озод кунад!

Мо намедонем чаро ҷаноби Тухтасуноғлу ва Навҷувонови Буратино чашмонашро ба ин гуна махлуқоти ҳифзи ҳуқуқ мепушад. Мо мардуми Лоҳутӣ ва Ҷаҳонзеби Конибодом бо эҳтиром хоҳиши ҷонкоҳ мекунем аз ягон инсоне, ки тавони ин Некрузи ниндзяро аз ҷамоати мо гирифтан дорад. Вагарна қасам ба тамоми азамати ин олам, ки мо боз аз ин ҳам бештар ва сахттар ба Ислоҳ менависем. Махсусан роҷеъ ба Тухтасуноғлу, Буратино ва Қофлончики бегонапараст.

Мегузарем ба коррупсионери собиқ главврач Ҳусейн Самиев.

Вай баъди нашри номаҳои 99 ва 101 дар байни кругаш гуфтааст:

«Вай Ютуба дидитон мӣ, мана аля-кадом ришчадори изоркалта навестас, ҳа вай гап задан мегирад, ман пулама додаги адресашба, мана а кор намегирад ягонташ ҳозир дефитсит кадр Тоҷикистонанда».

Ва бо истифода аз фурсат мехоҳам номи яке аз дигар коррупсионерро,ки мардумро кидат карда ба Русия рафтаро инҷо ифшо карда ба бачаҳакои бодоварда командаи фас диҳам. Номи вай Фарҳод Раҳматов аст. Ҳоло дар кадом шаҳри Русия аст. Вай бо пулҳои мардум онҷо гурехт. Пеш як туйхона дошт. Аммо онҷо як рустои бачаҳакои  Раҳмонов буд ва ӯ бузи онҳо буд, мошинаш мерс аст.

Ман ҳамчун суғдӣ аз нишони Спитамене, ки ба Навҷувонов дод, норозӣ ҳастам, чунки ӯ вазъияти моро ба чунин ҳол оварда расонидааст.

Ҳоло дар маркази шаҳр пурра тамоми активҳоро бачаҳакои Раҳмонов тафтиш карда истодаанд. 30% мардумро инҳо буз кардагианд. 40% дар Русия боқӣ 30% дигараш дар муборизаанд.

Ва дар охир як паём  ба мардуми Хуҷанд дорам:

«Бародарон маҳалгароӣ накунед, шаҳри-гуиву қишлоқи-гуиро як су монед ва дар мубориза як бошед. Ба худо имон оред, Конибодом ва Исфараро дар мубориза дастгирӣ кунед ва ба Ислоҳ аз амалҳои анҷом додаи Қурбонови Қурбоққа ва Зувайдзодаи бедин нависед,то ки Суғди мо аз ин махлуқот озод шавад! «

Бародар Муҳаммад Иқбол,илтимос бе иваз пурра ва комил нашр кунед.

ТУРСУНЗОДА
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Бародар чи гуфтаниям? Ман рости гап шарм медорам, ки дар ингуна шароити бад зиндагӣ дорам ва барои ояндаи фарзандонам дар хавотирам. Дар ҷамоати Қаратоғ, деҳаи Зарнисор шахсе, ки маълумоти олӣ надорад дар вазорати корҳои дохилӣ кор мекунад Сафаров Ҳазрат. Вай дар оилаи камбағал калон шуд. Номи падараш Сафаров Тағоймурод, муаллими суруд дар мактаби 34 кор мекард. Ин Ҳазрат  Сафаров солҳои пеш то 2012 дар Русия кор мекард. Бо бародаронаш хушру кор мекард, пулу моли зиёд кор кард. Ба ёрдами Обидов Тошмурод корманди собиқи МВД солҳои союз ба кор даромад.
Хато накунам соли 2013 дар вазорати дохилӣ шаҳри Регар соли 2015 дар БДА ба кор даромад, бо ёрдами Обидов Тошмурод дар ҳудуди ноҳия бо мошини шахсии худ дар даст радар беҳад бераҳм буд. Шахси тоҷикбадбин дар шаҳри Регар 4 квартира дошт. Дар Душанбе ҳам чанд квартира дошт. Соле, ки наврӯзи ҷумҳуриявӣ шуда буд, соли 2016 наврузи калон дар Регар шуда буд. Ин бачаи Марями гурсухта   сари саҳар омада буд. Ҳамон вақт амният мавҷи безеб меёбанду мекованд дар квартираи ҳазрат меёбанд. Ин ҳазрат ҷосуси Русия будааст.
Ба гуфти мардум ин асбоб бо банкоматҳо тааллуқ дорад, дигаре дигарчи мегуянд. Ҳазратро қапида сокашро сахт меҷафанд. Тамоми молу ҳолашро фурухта дар муддати 5 моҳ халос мешавад. Баъди баромадан дар афташ ранг надошт. Пеши чандин муллоҳои калон бурда дуохонӣ карданд. Тамоми хонаву дар ва квартираҳо аз даст рафт. Ба гуфти наздиконаш аз чунин апарат 3-то доштааст. Яктоаш дар Регар ва дуи дигариаш дар Душанбе будааст. Хулласи гап як бало карда халос шуд. Худатон фикр кунед, ки дар чунин ҷурмеки ҷосуси дигар давлат ҷурми одӣ нест. Ингунаҳоро хоин гуфтан дуруст аст. Бо пули беҳад калон халос шуд. Дар назди мо, дар дукони Тошмурод мегуяд, ки пулат бошад, Ҷаноб омада ду даста салом мекунад. Вале агар дар кор бошад як хел амниятӣ фалон ҷояшро медиҳад гуфта механдидан бо Тошмурод. Ин Тошмурод гуё бо гуфти худаш бо Муроди телех шинос аст. Замини Муродро истифода мебарам мегуяд. Ин Тошмурод бузи пеши бозор аст.
Дар байн чанд сол гузашт. Ин ҳазрат ду сол шуд, ки боз корманди МВД дар Регар аст. Ман ҳайрон ҳастам, ки чи хел як ҷосус боз вазифа гирифта кор карда истодааст. Тоҷикистон соҳиб дорад ё не? Вазири корҳои дохилӣ, ин муғул куҷоро нигоҳ меунад? Ба инҳо пул диҳӣ занҳояшонро медиҳанд, барои як каме пул пешвояшонро  мефурушанд.

Ps: Дар охир ҳангомеки мо кормандони “Ислоҳ” аз шахсияти Сафаров Ҳазрат ҷӯё шудему пурсидем бале воқеан чунин корманд ҳаст ва боз ба наздикӣ тавассути як нафари наздик ба оила 15000 (понздаҳ ҳазор доллар) пора додааст,то дубора дар БДА дар мақоми роҳбарӣ кунанда ба кор шурӯъ мекардааст. Агар ба ин мақом таъин гашт ҳатман номи шахси посредникро дар барномаҳои оянда хоҳем гуфт!

Сообщение  Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№126 появились сначала на ISLOH.net.

Пушти ҳодисаи “Бонкир” киҳо истодаанду чӣ мехоҳанд?
Эмомалӣ Раҳмонов барои пайдо кардани ҷасади Шӯҳрат Исматуллоев, муовини раиси «Ориёнбонк» ба Рамазон Раҳимзода, вазири дохилаи Тоҷикистон то рӯзи 2 август муҳлат додааст. Дар сурати ғайр, эҳтимол меравад Рамазон Раҳимзода аз мақомаш ронда шавад.

Манбаъи муътамади мо, ки қарори маълум аз вай ном нахоҳем бурд, гуфт ҳамин чанд рӯзи пеш Эмомалӣ Раҳмонов Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ ва СС. Ятимов, раиси КДАМ-ро бо сахттарин алфоз таҳқиру дашном карда ва супориши қатъӣ додааст, ки ҷасади муовини Ҳасан Асадуллозода дар «Ориёнбонк»-ро пайдо кунанд. Ин манбаъ гуфт, дар ин «разборка»-и дохилӣ Ҳасан Асадуллозода ҳам ширкат доштааст ва вай низ аз сари қаҳру ғазаб шаппотие ба руву даҳони Рамазон Раҳимзода задааст.

Эмомалӣ Раҳмонов аз он ба шиддат изҳори нигаронӣ кардааст, ки то ҳол мақомот натавонистаанд, дар кадом самти гарданаи Анзоб:- дар рӯди Зарафшон, ё дар рудхонаи Варзоб партофтани ҷасади Шӯҳрат Исматуллоевро муайян ва ҳарчи зудтар ҷасади ӯро пайдо кунанд.

Ҷасади Шӯҳрат Исматуллоев дар Варзоб аст ё дар Зарафшон?

Рӯзи14-июл Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабарҳо дар бораи дарёфти ҷасади Шуҳрат Исматуллоевро рад карда гуфт, ки гурӯҳи наҷотбахшони онҳо ҳам дар рӯди Варзоб ва ҳам дар Зарафшон ҷасади мазкурро кофтуков доранд.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи ин Кумита ба расонаҳо гуфтааст, ки «гурӯҳи наҷотбахшон аз маҳалли бозори «Кушониён» то нақби «Истиқлол» ва аз онҷо то маркази ноҳияи Айнӣ ва то марзи Узбекистон ҷасадро ҷустуҷӯ доранд. Як гурӯҳ дар соҳил назорат мебаранд ва гурӯҳи наҷотбахшҳо дохили дарёи Варзобро ҷустуҷӯ доранд. Корҳои ҷустуҷӯ то вақти пайдо шудани ҷасад идома меёбад.»

Аз ин изҳори назари намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон маълум мегардад, ки ҳанӯз мақомот дақиқ намедонанд, ки ҷасади Шуҳрат Исматуллоев дар Варзоб ё Зарафшон афканда шудааст. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард аз ин гурӯҳи одамрабоён, ки дар ниҳоят муовини раиси бонкро ба қатл расониданд, панҷ нафарашонро дастгир кардааст. Аммо, маълум мешавад, ки ин панҷ нафар маълумоти кофӣ дар бораи ҷойи ба дарё афкандани Шуҳрат Исматуллоевро надодаанд ва ё инки ин панҷ нафар аслан хабар дар ин бора надоранд. Ба эҳтимоли қавӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла додситонӣ, танҳо бар пояи навори мунташиршудаи Рустам Ашӯров, яке аз аъзои ин даста, бо модараш дар шабакаҳои маҷозӣ, ки бисёр ҳам машкук ва мармуз ба назар мерасад, кори тафтишу ҷустуҷуи ҷасадро ба роҳ мондаанд ва аз ин панҷ нафаре, ки мегӯянд дастгир кардаанд, натавонистаанд кадом маълумоти мушаххасеро ба даст оваранд. Вагарна агар ин панҷ тани боздоштшуда ҷойи ба руд афканданро мегуфт, наҷотбахшони Кумитаи изтирории Тоҷикистон ҳам Варзоб-аз бозори Кушониён то нақби Истиқлол -ва ҳам дарёи Зарафшонро то марзи Узбакистон кофтуков намекарданд. Ҳамон ҷойи мушаххасро, ҳадди ақал ё Варзоб ва ё Зарафшонро мекофтанд. Ҳоло бори дигар пеши назар оваред, ки Рустам Ашӯров, ки дар Молдова кушта гардид дар ин навор Варзоб мегуяд, аз Зарафшон ном намегирад. Чаро Рустам Ашӯров ҷойи ба дарё афкандани ҷасади Шуҳрат Исматуллоевро дақиқан эълон накард, ки ин ҳолати кор ҳам бисёр шубҳаовар аст. Вақте қотеъона ва бо итминон мегӯяд, ки Шӯҳратро Дилшод заду кушту ӯ ҷасадро ба дарё афканд, аммо ҷойи партофтанро намегӯяд, кас ба дурустии ин сӯҳбатҳо шак мекунад. Вақте ҳам дарёи Варзоб ва ҳам Зарафшон кофтукоб мешавад, ин маънои онро дорад, ки мақомот мутмаин нестанд, ки ҷасад дар куҷо ба дарё андохта шудааст ? Ва, ин савол ҳам пайдо шуданаш мумкин аст ки оё Шуҳрат Исматуллоев дар ҳақиқат ба дарё афканда ва ё дар ҷойи дигар хок шудааст ва дар ин ҳолат ин гумон ҳам метавонад пеш ояд, ки ӯ дар ҳақиқат кушта шудааст ва ё зинда асту дар ҷое бандӣ мебошад? Маъно надорад, ки як ҷасадро дар ду дарёи комилан муқобил бикобӣ!

Воқиан ҳам қазияи бар сари Шӯҳрат Исматуллоев омада як детектив ва драмаеро мемонад, ки беш аз пеш паҳлуҳои норушани он дорад рӯшан мешавад. Дар як хабаре, ки ба дасти мо расид, гуфта мешавад, ки дар соли 2018 бо баҳонаи ҷавонсозӣ дар «Ориёнбонк» кадрҳои аз 50 сола болоро ҷавоб додаанд. Аммо, баъдтар маълум мешавад онҳое, ки калонсолҳоро иваз кардаанд, на ҳамаашон ҷавон будаанд. Онҳое, ки омаданд муддате нагузашта ба криптовалюта машғул мешаванд ва одат мекунанд. Шӯҳрат Исматуллоев ба маблағи 20 (бист) миллион $ ба «биткоин» мегузорад. Аммо дар миён чи чизе мешаваду пулро аз даст медиҳад ва як ҷангу ҷангҷоле бармехезад ва ӯро мебаранду мурданивор латтукуб мекунанд. Соҳиби хабар мегӯяд, ки Шӯҳрат бо фармони боло қапида ва шиканҷа шудааст. Вай дар натиҷаи шиканҷаи зиёд ҷон мебозад. Ҷасади ӯро бо мошин бурда ба дарёи Зарафшон мепартоянд. Ин расонандаи хабар бар ин бовар аст, ки Рустам Ашӯровро кумак карданд, ки бигурезад. Аммо, вақте ба Молдова мерасад, ки аллакай мақомоти Тоҷикистон ҷустуҷӯи ӯро эълон дошта буданд. Дар шиносномаи вай кадом иштибоҳе ҷой надошт ва вай мебоист аз Молдова ба Украина мерафт. Аммо, азбаски даъватномаи Украинаро надошт, мақомоти Молдова ӯро иҷозаи ворид шудан надода ва тибқи қоида ба ҷое, ки омада буд-Туркия бояд мефиристод. Рустам дигар кореро анҷом дод, ки бақияашро ҳамагон медонем.

Ҷасади Рустам Ашӯровро кӣ аз Молдова овард? Пиандари Рустам Ашӯров дар МВД кор мекунад.

Ҷасади Рустам Ашӯровро холаи вай аз Молдова ба Туркия ва аз онҷо ба Душанбе овард. Дар фурудгоҳи Душанбе кормандони УУР (Шоҳрух Саид) ва УБОП( Шодӣ Ҳафиззода) мунтазири омадани онҳо буданд. Аммо амният ин пирзанро тавре гирифту баровард, ки касе хабар наёфт. Барои ҳеҷ кас «доступ» надод. Мустақим бурданд КДАМ. Рустам  какан-бачаи думовард будаст. Модараш шавҳари дуввум кардааст. Шавҳари дуввуми модари Рустам полковник Сафар Саломович Ҳабибуллоев, сардори Раёсати кор бо ноболиғони ВКД мебошад. Аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.Қабл аз ин Сафар Саломович дар мақоми муовини УУР (Шоҳрух Сайид) кор кардааст. Манбаи мо дар ҳайати тафтишотии Додситонии кулл гуфт, ки ин чанд рӯз аст ки тафтишот полковник Ҳабибуллоев Сафарро чандин бор барои бозпурсӣ даъват кард. Зеро ин полковник аз қазияи куштори Шуҳрат Исматуллоев ва навори суҳбати Рустам бо модараш пеш аз онки мунташир шавад, огоҳ будааст. Чунки вай ҳоло бо зани аввал зиндагӣ намекунад, ҳамроҳи модари Рустам аст

Манбаъи мо гуфт, ки ин навор то инки мунташир бишавад, «корректироват» шудааст. Дар нусхаи асли он модари Рустам ба ӯ мегуяд, ки «бухе биё, Сафар Саломович корота буд мекунад, ёрдам мекунад». Онҷояшро буридаанд, ин қисмат ҳазф карда шудааст аз навори мунташир гашта. Дар ҳар ҳол Сафар Саломович як ҳафта  пеш аз нашри навор ин наворро дида ва аз муҳтавои он огоҳ будааст. Яъне вай ба унвони як мақоми баландпояи ВКД ин маълумоти муҳимро ба мақомот нарасонида пинҳон доштааст, ки барои нарасонидани маълумот ва махфӣ кардани он қонунгузорӣ муҷозот пешбинӣ кардааст. Аз ин ҷост, ки Прокуратура бо вай сахт кашокаш дорад, ки ту чаро медонистиву пинҳон доштӣ. Сафар Саломович таҳти истинтоқи тафтишот қарор дорад ва гумон аст ки дигар битавонад дар ВКД корро идома бидиҳад ва ба эҳтимоли зиёд маҳкум ба зиндон ҳам бишавад. Ҳамчуноне, ки қаблан гуфтем ду корманди УБОП ва як корманди ОМОН дар робита ба ин қазия дастгир карда шудаанд.

Дилшоди «Красавчик» ба сиёсат омаданист?

Худи онки Дилшод Сайидмуродов, ба унвони қотил ва раҳбари гурӯҳ озодона аз фурудгоҳи Душанбе ба Маскав парвоз мекунад ва ӯро дар онҷо шиносҳои овони донишомӯзиаш, ки низ кормандони мақомотанд истиқбол гирифта ва ба мавозеи зери назорати Русия дар Украин, ки дар дасти ЧВК «Вагнер» аст, мефиристанд, ҳазору як пурсишу саволҳоеро дунбол дорад. Ин ҳам дар ҳоле аст ки мақомот муайян кардаанд, ки барои анҷоми амалиёти рабудани Шӯҳрат Исматуллоев ҳанӯз аз моҳи март омодагӣ дида будаанд.

Дилшоди «красавчик» ва ёрони ҷиноияш ҳанӯз як моҳи пеш аз ин ҳодиса як бустонсароеро дар Варзоб ба иҷора гирифта будаанд ва ин дача аз они одами бегона ҳам не, аз они додарзани генерал Мурод Саидов, телехи Эмомалӣ Раҳмонов будааст. Ному насаби соҳиби дачаро пайдо карда натавонистем, аммо манбаъи мо гуфт, ки ӯро низ дастгир карда то чанд муддате маҳкам ва таҳти истинтоқ қарор доданд, аммо Мурод миёнадаро шудааст ва ҳоло ӯ бо «подписка о не виезде» раҳо шудааст. Дар ҳамин ҳол хабарҳои расида ҳокист, ки даҳҳо нафарро, ки бо Шӯҳрат Исматуллоев, муомилаҳои пуливу қарзӣ доштаанд, гурӯҳи тафтишотии ташкилшуда аз ҳисоби мақомот оварда таҳти шиканҷаву азоб қарор дода ва бо тарси онки туро ҳам ба унвони аъзои гурӯҳ мешинонем, пул канда истодаанд. Барои мисол қарзи гирифтаи Қамар Азизов, домсози ваҳдатии бародари Қайс Азизови овозхони дастаи «Анис» аз Шуҳрат Исматуллоев аз 3,5 миллион доллар ба 7.5 миллион доллар расидааст.

Ду духтаре, ки аз ВИП -толори махсус Дилшод ва занашро бадрақа кардаанд аз кор сур карданд. Дилшод ба онҳо ҷойи 200 доллар 100 доллар додааст. Бо баҳонаи онки чаро ту 50% гирифта онҳоро сур мекунанд. Нафаре, ки як моҳи пеш барои Дилшод билет харидааст, ӯро ҳам оварда истинтоқ мекунанд. Ин духтарҳо ва ин бача аз куҷо медонистанд, ки Дилшод ҳамчунин ҷинояте содир мекунад.

Саволи аз ҳама асосӣ ин аст ки оё Дилшод муваффақ шуд, ки биткоинҳои Шуҳрат Исматуллоевро бигирад? Оё дар ҳақиқат Шӯҳрат Исматуллоев коду рамзҳои хазона ё ҳамон суратҳисобҳои оффшориро бо худ бурд ё ҳадди ақал нисф ва ё қисмате аз онҳоро ба Дилшоди красавчик дастрас кард? Изи русҳо ҳам дар ин моҷаро вуҷуд дорад ё хайр? Ин кор кори танҳо гурӯҳи Дилшод аст? Манзур фақат онҳое, ки мақомот мегӯянд, дар ин спектакл рол бозидаанд ва ё нақшофарони беруна, коргардонҳои хориҷӣ ҳам даст доранд?

Ва, оё дар ин кори ӯ ҳамсабақони русии Дилшод бо ӯ ҳамдаст ҳастанд ё не? Агар ҳамдаст набуданд ва агар кадом манофеъе дар миён набуд, чаро ӯро аз трапи самолёт,аз дохили фурудгоҳ «ҳуҷ» карда боз баУкраина фирориаш медиҳанд? Рустам Ашӯров ҳам, ба эҳтимоли зиёд на Аврупо, балки маҳз Украина бояд мерафт ва таҳти ҳимояту муҳофизати ЧВК «Вагнер» қарор мегирифт. Паси ин ҳама «нағма»-ҳо чи буда метавонад?  Инҷо ҳама чиз ва ҳамаи бозӣ барои фақат пул аст ва ё сохтани «почва» барои таҳаввулоти сиёсӣ? Русҳо хостанд Раҳмоновро аз суратҳисобҳо маҳрум кунанд? Ин кор ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам иртибот дорад ё хайр. Чаро маҳз дар ин шабурӯзҳо сафорати Русия дар Тоҷикистон ба як навиштаи «Ислоҳ» роҷеъ ба номзадҳои эҳтимолии мавриди назари Русия барои интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кард?  Матлаби “Ислоҳ” ,ки дар 15.06.2023 зери унвони «Табаддулоти давлатӣ»  https://isloh.net/tabadduloti-davlat/    буд.

Ҳамчунин изҳори назар барои як навиштаи як сомонаи мунтақиди сарсахти Раҳмонов ва он ҳам, ки мустақим ба сарнавишти Раҳмонов дахл дорад,ба чи хотир аст?

Инро бояд бигӯем, ки сафири Русия дар Тоҷикистон ба навиштаи «Ислоҳ» посух дод. Дар як  матлаби дигарамон мо масъалаи дар утоқҳои Крмелин мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтани интихоботи навбатӣ ( дар асл ғайри навбатӣ)-и Тоҷикистонро  ба риштаи тасвир кашида ва кондидҳои мавриди эътимоди Русияро ҳам ном бурда будем.

Дар ҳоле, ки аз нашри ин матлаб чанд вақт гузашт ва дар як чунин ҳолатҳои ҳасос онро мавзӯъи суҳбат қарор додан тасодуф буда намеавонад. Аслан сафирҳо тасодуфӣ ва бадоҳатан гап намезананд.

Инчунин мо медонем, ки ЧВК «Вагнер» чи қувваву қудрате асту ба чи корҳо метавонад машғул бошад ва вақте Дилшоди красавчик ва ҳамроҳони вайро «таги қанат» кардааст, наметавонад, мақомоти Тоҷикистонро ба андеша водор насозад.

Дар ин миён Дилшоди Красавчик ба яке аз роҳбарони мухолифини тоҷик занг зада пешниҳоди ҳамкорӣ барои сарнагун кардани Эмомалӣ Раҳмонов ва дору дастаи ӯро додааст. Дилшод ба ҳеҷ яке аз саволҳои ин роҳбари мухолифини посух надода ва фақат Шоҳрух, Рустам ва Эмомалӣ Раҳмоновро ҳақоратҳои қабеҳ кардааст. Гуфтааст бар муқобили онҳо ва барои чапа кардани онҳо ба ҳамгуна намудҳои мубориза розӣ аст.

Марҳалаи интиқоли қудрат шуруъ шуд?

Бинобар маълумоти расида ба мо Раҳмонов барои интиқоли қудрат даст ба чораҳои таъҷилӣ зада истодааст. Бо вуҷуди онки ин ҳама генералу ченералҳоро худаш сохтааст, гапгап ҳаст, ки бархе аз онҳоро бо ин баҳона аз мақомҳо азл мекунад ва афроди комилан содиқу вафодореро бояд оварад.

Раҳмонов мехоҳад дар соли оянда барномаи таҳвили қудратро пиёда кунад. Вай барои иҷрои ин барнома фазои кишварро амниятӣ ва мушавваш  сохтан мехоҳад ва қазияи Шӯҳрат Исматуллоев ҳам оғози ҳамин марҳала мебошад.

Ҳамчуноне гуфтем дар разборкаи назди Раҳмонов дили Рамазон Раҳимзода мезанад. Чун Раҳмонов ӯро ин бор «срок» додааст. Ҷойгузини ӯро тайёр кардаанд. Вай Абдураҳмон Аламшозода-Бузмаков аст. Умеди Раҳмонов Бузмаков аст. Албтта, нафари дигар ҳам ҳаст: Искандар Раҷаб, қаблан муовини вазир ва феълан сардори милисаи минтақаи Кулоб аст. Раҷабов ҳам аз Данғара аст. Аммо вай дипломат ва ниҳоят нарму мулоим аст.

Айни замон, ончуноне, ки маълумот мерасад Абдураҳмон Бузмаков-Аламшозода, як даст либоси нави генералӣ фармоиш додааст, ки қимати онро 30.000 доллар гуфтанд. Ҳамчунин дар ҷои СС.Ятимов ҳам нафари дигарро оварданист. Раҳмонов барои Рустам роҳҳоро ҳамвор ва кадрҳоеро дар мақомот мансуб кардан мехоҳад, ки дар итоати бечунучарои Рустам қарор дошта бошанд. Вале, ҳамчуноне ба назар мерасад, барои иҷрои ин барномааш «о.кей»-и русҳоро нагирифтааст ва инки Дилшоди красавчик дар «Вагнер» паноҳгоҳ меёбанд ва сафири Русия бо зери по гузоштани ҳама назокат фаросати дипломатӣ «масъалаи интихоботи раиси ҷумҳури ояндаи Тоҷикистон»-ро дар васат мекашад, бар он далолат медиҳад, ки агарки Рустамро оварданист, маърака саҳлу сода намегузарад.

Дар ҳар ҳол қазияи Шӯҳрат Исматуллоев сари вазири дохилии Молдоваро хӯрд, сари Рамазон Раҳимзодаро ҳам мехурад ё хайр, то чанд вақти дигар маълум мешавад.

Сообщение Пушти ҳодисаи “Бонкир” киҳо истодаанду чӣ мехоҳанд? появились сначала на ISLOH.net.

Қотилонро эълон кардед, фармоишгарон ё заказчикҳоро чӣ?
Аз ҳамон лаҳзаҳои аввали  вуқуи ҳодиса «Ислоҳ» бо қотеъият эълон карда буд, ки Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ва додараруси  Эмомалӣ Раҳмонов кушта шудааст  ва азбаски касе ба ҷуз аз худи Эмомалӣ Раҳмонов дар паси ин куштори ваҳшатнок намеистад, ҷасади ӯро баъид аст ки пайдо кунанд. Иллат ва далоили ин куштор  дар ду матлаби қаблӣ нишон дода шуда буд ва ҳоло бо гузашти ду ҳафта аз ин ҳодиса тоза Додситонии кулли Тоҷикистон навиштаҳои пешини мо дар мавриди  қатли Шӯҳрат Исматуллоевро тасдиқ мекунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамчуноне қаблан низ тазаккур дода будем, аз ҳамон дақоиқи оғоз мақомот ба яқин медонистанд, ки ин мансабдори баландпояи давлатӣ  кушта шудааст. Вале  мехостанд, то замоне болои ин фоҷиа сарпуш бигзоранд ва кори тафтишу таҳқиқро ба гунае банду баст кунанд, ки он ба пул иртибот дорад. Яъне ин гурӯҳи муташаккили ҷиноии сирфан аз шумори собиқ афсарони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ва танҳо ба манзури ғорати ин бонкири пулдор созмонёфта, фақат бо мақсади ғасбу тасарруфи пул ӯро дуздидаанд. Аммо, мо боз ҳам сари навиштаҳои худ, ки тасмими куштори Шуҳрат Исматуллоев дар сатҳи болотарин гирифта шудааст ва ғасбу тасарруфи маблағҳои ӯ, чи биткоин бошад ,чи доллару евро, ба ҷуз аз ангеза ва омили таҳрики ин гурӯҳ барои иҷрои ин тасмим чизи дигаре нест, истодагарӣ мекунем.

Навори Рустам Ашӯров бозгӯи чист?

Ҳоло биёед бо ҳам ҳамин навори сӯҳбати Рустам Ашӯров аз фурудгоҳи Кишинев бо модарашро як каме ҷиддитар тамошо кунем. Аслан ин навор барои кӣ ва чаро даркор буд ?

Нашри навори Рустам Ашӯров як бори дигар аз он мегуяд, ки ин кор-куштори Шуҳрат Исматуллоев, қабл аз онки ба иҷро дароварда шавад, бисёр ҳам тарҳрезишуда аст. Худи мақомот, минҷумла Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам  мегуянд, ки ин гурӯҳ ҳанӯз дар моҳи март  мехостанд, ки ба иҷро бирасонанд. Ҳоло додситон мегуяд, ки ин гурӯҳ аз 10 нафар иборат будааст.

Пурсиш ин аст ки ин даҳ нафар ва ҳаракату нишасту бархостҳои онҳо чаро аз моҳи март бо ба охири июн як маротиба ҳам таваҷҷӯҳи сервиси амниятӣ ва умури дохиларо ба худ ҷалб накард? Ё инки баракс гурӯҳе аз мақомот, на фақат собиқадорон бо ин гурӯҳ шариканд ва шояд ҳам ҳамкорӣ ва ҳамроҳӣ доштанд?

Як шабонарӯз дар як деҳа ба унвони гаравгон нигоҳ доштани як нафар мансабдори давлатӣ, агарки аз он деҳа ва аз маъмурони масъулони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ нафарони ҳамроҳ набошад, имкон дорад?  Садои ҷеғу фарёди ӯ ҳатман берун мебарояд. Шумори ин қадар зиёди одамони бегона ҳам дар деҳа, хоҳем-нахоҳем боиси шакку гумонҳо мешавад. Ва, мардуми деҳа ҳатмани ҳатман бохабар мешаванд. Махсусан, ки дар баёнияи ахири додситонӣ гуфта мешавад, ки ҷасадро ба мошин бор карда ба он тарафи гарданаи Анзоб, нақбро убур карда, постҳои толлингии ширкати пулчинаки IRS- тай карда, яъне ба ноҳияи Айнӣ бурда ба дарёи Зарафшон партофтаанд. Магар тамоми ин ҳодисаро ҳеҷ касе, ба ҷуз аз худи ин ба гуфтаи мақомот гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ мушоҳида накард,надид?  Ҳоло пурсиши дигар ин аст ки мошину дар бағоҷи он ҷасади он бонкир ба дарё афканда шуд, пас худи онҳоеро, ки ин амалиётро ба иҷро расониданд, кадом мошин ва киҳо ба Душанбе оварданд?

Пиёда, ки омада намешавад ва онҳо худи ҳамон шому шаби ин куштор кишварро ба самти Туркия ва Русия тарк кардаанд ва он ҳам аз тариқи фурудгоҳ? Фикр мекунед, ки ҳамаи ин корҳо бидуни мусоидат, ҳамроҳӣ ва кумаки мақомот ва он ҳам мақомоту масъулони баландпоя шуданӣ ҳаст?

Нуктаи бисёр ҳам машкук ва баҳсбарангези дигар ин аст ки Рустам Ашӯров дар он навор мегуяд, ки «дидор дар қиёмат». Магар Рустам, аз куҷо медонист, ки дар ҳамон фурудгоҳ кушта мешавад? Ин имкон вуҷуд дошт, ки ӯро накушанд? Вуҷуд дошт. Масалан чанд тир дар пояш холӣ мекарданду зинда дастгир мекарданд. Ва ё фармон тавре мешуд, ки зинда бигиредаш. Вале Рустам қатъан ва мутмаинан мегуяд, ки вай кушта мешавад. Чаро? Магар нафаре, ки барои пул шуда ин ҷинояти мудҳишро содир кард, роҳи «объезд», роҳи фирорро, ки ақалан барои ду- се моҳ ҳам шуда аз ин пулҳои дуздӣ истифода кунад, фикр намекарду нақшае беҳтар намекашид? Аз куштани Шуҳрат Исматуллоев барои Рустам чи фоида, ки худаш ҳам кушта бишавад?

Ва, дар қисмати дигари суҳбаташ мегуяд, ки Дилшод ҳам худашро мекушад, мемурад, яъне Дилшод ҳам зинда ба даст афтоданӣ нест: «Дилшодро ҳам зинда намегиранд. Ӯ ҳам худашро мекушад».  Пас, инҳо аз қабл медонистаанд, ки кушта хоҳанд шуд, ҳадди ақал барои худ ҳамчунин пешомадеро дар назар дошта будаанд, ки мемиранд, кушта мешаванд! Чаро? Дар пушти ин ҳарфу ҳодиса чи метавонад пинҳон шуда бошад? Магар Рустам худашро куштааст? Чаро мегуяд,ки «Ӯ ҳам (мутаваҷҷеҳ бишавед- «ӯ ҳам» мегуяд) худашро мекушад.

Боз ҳам саволи дигаре пеш меояд, ки агар ин ҳодиса «хорошо запланированний» набуд, нафаре, ки дар паҳлуи модари Рустам истодаву ин ҳамаро забт мекунад ва навор мегирад, чаро ин корро кард? Дар ҳоле, ки Рустам аз як ҳодисаи ваҳшатнок гап зада истодааст, аз куштори як нафар гап зада истодааст, «дидор дар қиёмат» гуфта истодааст аз «гулу»-и чи касе кӣ навору забт кардан мегузарад? Хона ва модар дучори мотам шудааст, дар ҳолати шок қарор дорад, фоҷиа аст аммо як нафар аз аъзои ин оила ва ё шояд «меҳмоне» бидуни кадом дарду бидуни кадом даступохурдагӣ «хушру» навор мебардорад? Агар ки аз қабл омодагӣ надошта буд, дар он як ду дақиқаи бисёр ҳам ҳасосу ҳаяҷониву пуртаҳлукву пуризтироб, ки бояд бишинад дар паҳлуи модару бо Рустам ҳарф бизанад, мехезаду «кино» мегирад? Оё ҳамон ҳолату ҳамон вазъ мусоид барои киногирӣ буд? Табъан, ки ин навор тавассути мақомот ва барои табраа кардани қотили воқеӣ ва ба гардани иҷрокунандагон андохтану овехтани ин заказ ба нашр расиду дар дастраси расонаҳо, аз ҷумла «Ислоҳ»  қарор дода шуд. Хуб, бигзор, чунин пиндоштем, ки ин наворро мақомот баъди тафтиши манзили зисти Рустам ва суҳбат бо модараш кашф карданд, вале чаро ин «кино»-ро то охирин лаҳзаҳо пинҳон доштанд? Фикр мекунед, ки барои ҳифзи сирри тафтишот? Агар сирри тафтишот буд, аслан нашраш намекарданд. Мақомот бисёр мехосту мехоҳад,ки ин қазия ҳарчи бештар кашол дода шавад,то ба ҳамин осудагиву роҳатӣ аз хотирҳо нопадид бишавад. Барои ҳамин дар нашри навор таъхир карданд. Ин дар ҳоле, ки навор рӯзи 30 июн сабт шудааст вале шоми 7 уми июл ба “Ислоҳ” расид. Пас аз 7 рӯз боре ба ин фикр намудаед? Инчунин аввалин нашри навор ҳам тавассути телеграм канали “Ислоҳ” нашр гардид.

Шумо агар ба саволу ҷавоби Рустам бо модараш мутаваҷҷеҳ бишавед, «як чизҳое» -ро пайхас мекунед, ки дар он лаҳзаву он ҳолат мувофиқат ва мутобиқат намекунанд. Рустам мегуяд, ки ҷасадро дар мошин андохту оварду дар дарёи Варзоб партофт. Аммо чаро ҷустуҷучиҳо ва тафтишот мошин ва ҷасадро дар Зарафшон ҷуста истодаанд? Магар Рустам Ашӯров намедонад, ки Варзоб дигар аст, Зарафшон дигар аст ва барои онки Зарафшон биёяд, бояд туннели «Истиқлол» дар ағбаи Анзобро  бигзарад.

Ҳоло имрӯз мақомот маълум кардааст, ки ҳодисаи куштор рӯзи 24-ум соати 3.00 сурат гирифтааст. Ин марди ғайбзада соати 20.10-и рӯзи 23 нопадид шуд. Гуфта будем, ки дар камераҳо аксҳо намоёнанд. Аммо чаро мақомот бо таъхир акси Рустам Ашӯровро пайдо карданд? Мисле, ки ронанда ӯ будааст. Акси ронанда, ки дар камераҳои ширкати пулчинак сабт шудааст. Аз руи қоида ва риволи кор бояд  акс ва ному фомили ӯ ба тамоми нуқот ва гузаргоҳҳои марзӣ(КПП) дода мешуданд. Чаро надоданд?  Ва, агар аскро доданд, чаро онҳоро боздошт накарданд? Яъне мақомот махсус дастур гирифта буданд, ки муҷриёни асосӣ «ҳуй» хуранд ва чанд нафари дуюмдараҷаро дастгир кунанду сипас дар суроғи он ҳуйхурдаҳо шаванд, то асли қазия берун набарояд?

Дар воқеъ чаро Рустам гуфт, ки Дилшод ҳам зинда намемонад. Чаро Дилшод зинда намемонад?

Як нафар дар навор подсказка карда истодааст, ки бипурс кӣ дар куҷо партофтӣ? Чаро маҳз саволи «дар куҷо партофтӣ» пурсида шуд ва посухи он барои кӣ муҳим аст ва чаро Зарафшон  Варзоб гуфта шуд?Бубинед бачааш одам куштааст. Магар мефорад, ки ин суҳбатро ба навор бигирад, умуман дар ин лаҳза наворгирӣ ба кӣ мефорад? Он нафаре, ки «подсказка» дода истодааст, хеле ҳам хунсардона, бетафовутона «строго» гуфта истодааст, ки бипурс «дар куҷо партофта аст». Модараш ҳам ҳама чиро мондаву мепурсад, ки «қати кӣ кардӣ», кадом Дилшод, саволҳое, ки бояд ҷавобҳояш ба мақомот зарур бошандро пурсида истодааст.

Масалан инро напурсид, ки «о, бачам чаро ин корро кардӣ, чаро куштӣ ва ё дар ин қатл ҳамроҳ шудӣ, он одам кӣ буд, ки ҷасадашро ба дарё партофтӣ, барои ту чи кори бад карда буд, ки ӯро  куштед? Вале мепурсад,ки «қати кӣ кардӣ»?

Ё худи Рустам ҳам намегуяд, ки дар куҷои дарёи Варзоб ҷасадро партофтааст,мошинро куҷо кардааст? Ба одаме, ки «дидор дар қиёмат» мегуяд ҷойи партофтани мошинро пинҳон намудан чи аҳамият дорад? Инчунин фарзияи дигаре низ вуҷуд дорад,ки навор дар асл бештар аз ин буд ва дар он қисматҳояш маълумот ва зикри номҳо ва заказчикҳо низ вуҷуд доштанд. Аммо барои мақомоти қудратӣ ва заказчикҳо танҳо ҳамин миқдораш лозим буд,ки нашр бишавад.Идомаи навор дар дасти худи заказчики аслӣ қарор дорад ва он намебоист ҳам нашр шавад.

Шоҳрух Саид курсии вазириро «ҳалол» кард

Куштори пурсарусадои Шуҳрат Исматуллоев дар як кишваре, ки тамоми умур дар дасти як нафар ва як Оила қарор дорад, мақомоти амниятиву тафтишотиву интизомӣ, суд ва аҳзобу расона зери итоати ӯст, ҳеҷ садои мухолифе,ҳеҷ неруи оппозитсионие амал намекунад, сару садоҳо ба амал овард. Мақомот ва расонаҳое мисли СССР, ки дар хидмати онҳо қарор дорад, ҳамчуноне гуфтем, талош дорад, ки ин қазияро рабт диҳад ба ғасбу ғорат, яъне барои пул. Аммо, бо ин вуҷуд дар ҷо ҷое, чун маҷбур мешаванд, ишораҳое мармуз карда мешавад. Масалан гуфта истодаанд, ки Шӯҳрат яке аз одамрабоёнро хуб мешинохтааст, ки бидуни кадом муқовимат ба мошини онҳо савор шудааст. Дар ғайри сурат мегуянд, Шуҳрат як варзишкор ва ниҳоят боқувват буд, ки метавонист бо ду се, ҳатто панҷу шаш нафар муқовимат кунад ва ба ин роҳатӣ наметавонистанд, ки ӯро савори мошин куннад ва ҳатман афту дарафт ва задухурд сурат мегирифт, ки сурат нагирифта будааст. Ва, ҳатто гуфта шуд, ки ҳамин нафари шинос, афсари додситонӣ Дилшод Сайидмуродов мулаққаб ба «Красавчик» ва инчунин мулаққаб ба Дилшоди «СБ» будааст. СБ-яъне служба безопасностӣ, ки Дилшод як замон дар ҳамин раёсати ВКД таҳти назорати Анвар Ализода Ҷумъа ва Муҳриддин Пиров, бародари Тоҷиддин Пиров кор карда будааст. Генерал Анварҷон Ализода Ҷумъа ҳоло сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и вазорати дохила аст. Вай қаблан сардори Раёсати амнияти дохилии ин вазорат кор карда ва чандинсол ҳам сардори Дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода будааст. Анвар домоди Ғайбулло Авзалов, собиқ раиси вилояти Хатлон ва яке аз наздикони Эмомалӣ Раҳмонов аст. Барои он дар бора Анвар Ализода як каме бештар гуфтем, ки Дилшоди СБ дар он солҳое, ки зери дасти ӯ кор мекард асосан ба интиқол ва «сопровождений»-и наркотики Тоҷиддин –командир, падарарӯси Исмоили дастбахайр машғул будааст. Ҳар ҳафта барои интиқоли наркотик аз Масковский то ба сарҳади қирғиз дар вилояти Хуҷанд Дилшоди СБ 50 ҳазор мегирифтааст ва ин маблағро бо Анвар ва Муҳриддини муовини Анвар сетақсим мекардаанд. Вай дар кадоме аз амалиётҳо ба дасти кадом гурӯҳи дигар меафтад вале бо мусоидати Анвар Ализода ва Муҳриддин Пиров оозод ва ҳамин тавр аз кор ҳам барканор карда мешавад.

Замоне, ки дар Агентии мубориза бо фасод кор кардааст,бо Фаттоҳ Сайиди падари Шоҳрух Саид «корҳои безеб» мекардааст. Вай аз иҷрои ин «корҳои безеб» хаста мешавад ба ҷонаш мезанад ва дигар аз кор саркашӣ мекунад ва он саркашӣ иллати барканорияш аз он ниҳод мегардад.

Дар додситонӣ дар шуъбаи мубориза бо киберҷиноятҳо ҳамкорӣ кардани ӯ сабаб шудааст, ки Шӯҳратро ба ӯ «заказ» кунанд.

Ҳар се роҳбарони Прокуратура, МВД ва КГБ пурра ва комилан фаҳмиданд, ки ҳодиса аз чи қарор аст. Аммо беш аз ин чизе гуфта наметавонанд. Чунки ба ҳиҷ ваҷҳ Шоҳрух Саид ин корро пеш аз дасти худ ва мустақилона, яъне ба сари худ анҷом надодааст. Ҳатто, то ба ба ин ҳад пеш рафтани Рустам ҳам мутмаин нестанд, ҳануз зуд аст ки ба ин дарозӣ ва ба ин вусъат ҷуръат ва ҷасорат касб карда бошад. Барои ҳамин мемуранду сукут мекунанд. Вагарна….маълумоти мувассақ гирифтанд, ки “бе зарар” гардонии Шӯҳрат Исматуллоев закази худи Раҳмонов аст.

Дуруст дар ҳаминҷо як тасҳеҳ ва раддия ба навиштаи пешина медиҳем. Онгуна ки гуфта шуд, Шӯҳрат ба ҷинси латиф зиёд алоқа нишон намедодааст,сиҳат надоштааст. Шӯҳрат ба ҷуз аз ҳамсари қонунӣ боз ду зани дигар доштааст. Яке як зани регарӣ ва дуввуми як рус, ки гуфта мешавад дар берун аз Тоҷикистон ё дар Русия ва ё дар Дубай зиндагӣ мекардааст. Аммо хонуми регариаш дар Туркия будааст.

Барои ҳамин инҷо ру занонидани масъалаи Зарина- духтари Эмомалӣ Раҳмонов муовини дигари Ҳасан Асадуллозода ҳам шояд ягон сабабе дошта бошад. Мо, наметавонем тасдиқ ва такзиб кунем

Манобеи мо, ки интизор меравад манбаи СССР ҳам бошанд мегуянд, ки Шуҳрат ва Дилшод шинос буданд. Хуб, дафъатан савол пеш меояд,ки чаро Дилшод интихоб шуд? Барои онки суҳбат аз биткоин барояд ва барои онки Дилшод дар ин соҳа мутахассис аст.

Манбаъи мо мегуяд, ки ин ҳодиса зери сари Шоҳрух Сайид аст. Ҳам Дилшод ва ҳам Рустам ва боқии ҳайати ин гурӯҳи муташаккили ҷиноии даҳнафара-«одамрабоён» командаи ташкилдодаи Шоҳрух аст. Ба эҳтимоли зиёд Шоҳрух ваъда кардааст, ки шумо «корро» анҷом диҳед, ҳар қадар,ки битавонед маблағашро бикашеду бигиред ва оқибат бикушед, аммо ман барои шумо ҷиҳати «ҳуй» хурдан ёрӣ мекунам ва то чанд вақти лозимӣ, ки бояд пинҳон шавед аз додани «розиск» пешгирӣ мекунам. Чунки Шоҳрух низ Дилшодро аз хеле вақт пеш мешинохту рафту омади наздик ҳам доштаанд. Шоҳрух Саид наметавонад инкор кунад инро.

Дар баъзе аз маълумотҳои расида аз Қамар Азизови домсози ваҳдатӣ ҳам суҳбат мешавад, ки ҳоло ӯ ба унвони як ҳалқае аз ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дастгир шудааст.Қамари домсоз, мисле, ки аз Шуҳрат Исматуллоев 3 миллион доллар қарздор будааст ва гуё ӯ ба Дилшод ва гурӯҳаш дар бораи Шӯҳрат маълумотҳо медодааст.

Бинобар маълумотҳои ба дасти мо расида ҳоло ду нафар корманди УБОП ва як корманди ОМОН ва нафаре бо номи Раҳмати бетарбия, ки гуфта мешавад соҳиби ресторани Галакси дар Душане ва бародари Абдуллоев Маҳмад муовини  зиндони №7 будааст, дастгир шудаанд. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки хоҳарарӯси зани регарии Шуҳрат Исматуллоев, ки як қасри дар Душанбе будаи Шуҳратро фурухтаву қасди рафтан ба Туркия ба назди апааш-яъне зани Шуҳратро доштааст дастгир шудааст.

Хабари дигаре, ки дар иртибот ба ин қазия ба дасти мо расид ин аст ки як пирзани70 -75 сола рӯзи чаҳоршанбе вориди Кишинев барои таҳвил гирифтани ҷасади Рустам Ашӯров шудааст. Вале то рӯзи ҷумъа натавониста будааст,ки ҷасадро бигирад. Аммо, баъдан маълум шуд, ки мақомоти Молдова ҷасади Рустам Ашӯровро таҳвили ин пирзан кардаанд ва бинобар навиштаи расонаҳо тавассути хатсайри Кишинев-Истамбул ва сипас Истамбул –Душанбе ба Тоҷикистон мунтақил шудааст.

Як манбаи наздик ба тафтишот ҳамчунин ба Ислоҳ гуфт, ки маъмурони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар Маскав бо ҳамсари Дилшод Саидмуродов низ вохурда бо вай саволу ҷавоб кардаанд. Вале, он зан, ки гуфта мешавад аз Масчоҳ ё Айнӣ будааст, бисёр ҳам сахт посух додааст, ки «оё агар ин корро шумо анҷом медодед, магар бо занҳоятон маслиҳат мекардед». Дар ҳар сурат мақомоти рус розӣ нашудаанд, ки ин хонумро ба Тоҷикистон экстрадитсия кунанд.

Бо ин ҳама сару садоҳо,мақомот,ҳамчуноне гуфтем,то як сатҳи муайян пеш мераванд,вале аз он гузашта наметавонанд ва ҳақиқати ин моҷаро ошкор карда намешавад.

Дилшод Саидмуродов вақтҳои ахир бо Шоҳрух алоқа ва иртиботи зиёд доштааст. Манбаъи мо гуфт, ки Дилшод ба Шуҳрат аз номи Шоҳрух ва Рустам гап зада ва ӯро ба кадом маҳфиле таклиф кардааст. Манбаъи дигар афзӯд,ки Дилшод рақами Шоҳрухро нишон додааст ба Шуҳрат,ки занг занам гап мезанед пеш аз рафтан ва ё меравем шуморо Шоҳрух интизор аст.  Барои ҳамин вай савори мошин шудааст. Ё шояд ҳам, чуноне мардум мегуянд, ин «кашиш»-и аҷал бошад? Ба эҳтимоли зиёд ӯро дар роҳ беҳуш кардаанд.

Вале, бубинед, агар ин одамрабоён барои пул шуда ин корро мекарданд, чаро ба ҳангоми бегоҳ ва аз дари хонааш Шӯҳратро медузданд? Кӣ мегуяд, ки дар соати 8-и шаб Шуҳрат дар ҷайбаш телефони ҳамроҳашро бо худ мегирад? Вақте нақша мекашанд, то ҷузъиёти онро баррасӣ мекунанд. Барои онҳо муҳим буд, ки ноутбук, телефони мобилӣ ва ё планшет дар дасти Шуҳрат бошад, ки ба воситаи он «биткоин»-ҳои ӯро бигиранд. Имкон надорад, ки қасди онҳо пул бошаду дар бораи «қуфлу калид»-телефони мобилӣ, ноутбук ва ё планшет- наандешанд. Пас, чаро онҳо Шуҳратро вақти баромадан аз корхона ва ё вақти рафтан ба коргоҳ нақапиданд вақте қапиданд, ки имкон дошт ҳамин чизҳоро ҳамроҳаш надошт. Ин ҷиҳати бисёр муҳим ҳам далолат бар он мекунад, ки қасди ин одамрабоён на пул, балки куштор буд, кушторе, ки роҳбарии онро Шоҳрух Саид, ба унвони бачахонд ва вазири ояндаи умури дохилаи Эмомалӣ Раҳмонов бар уҳда дошт.

Ин қазия дар сатҳи ҳамин нафароне, ки ному насабашон ошкор шуд ба поён мерасад. Вале   мо ҳамоно ба ҳамон версияи худамон, ки дар пушти ин кор худи Эмомалӣ Раҳмонов меистад, пойбанд мемонем.

Дигар яқин Шоҳрух вазир мешавад. Шояд Рустам то анҷоми риёсати феълии Раҳмонов президент нашавад аммо Шоҳрух ба эҳтимоли зиёд қабл аз президентии Рустам вазир бишавад.

Аммо, як  масъалаи ҷиддӣ инҷо вуҷуд дорад. Кӣ кафолат медиҳад, ки Дилшод Сайидмуродов мисли Шарофиддин Гадоев навор накардаву дар ҷое пинҳон нанамуда бошад ва дар соати «Х» имкон дорад нашр бишаваду ҳамаро фурӯшад ва на Шоҳрух монаду на Раҳмонов. Ҳарчи шуданаш мумкин аст. Кӣ мегуфт, ки Рустам Ашӯров дақоиқи охири худро ба модараш «кино» мекунад? Ана, барои чи аст, ки Рустам Ашӯров бо изтиробу ҳаяҷон мегуяд, ки Дилшод ҳам «зинда» намемонад….

“Ислоҳ” як пешниҳод ба Дилшод Саидмуродов мекунад. Агар хоста бошад ҳама ончи гузаштро ба навор сабт кунад ва ба “Ислоҳ” фиристад. Мо Аллоҳро шоҳид қарор медиҳем,ки аслан онро нашр накунем,то он рӯзе худаш хоста бошад. Метавонад дар навор қазияро шарҳ диҳаду номҳои закасчикҳои ин қатлро бигуяд,то ҳақиқат ошкор гардад. Бо итминони комил ва қавли мардонагӣ медиҳем,ки ҳаргиз нашр намешавад ва мисли чандин чунин наворҳое доштаамон назди мо маҳфуз мемонад.

P.S Хонандаи азиз!

Бинобар охирин маълумоти фаврии ба мо расида аз чанд манбаъи тафтишот маълум шуд, ки Шӯҳрат Исматуллоевро бо фаҷеътарин усул ва бо сахттарин азобу уқубат ба ҳалокат расонидаанд. Бисёр ҳам бераҳмона, азоб дода куштаанд. Гушҳояшро зинда- зинда мебуранд, сипас бинияшро ҳам ҳамин тавр мебуранд. Чи хеле, ки дар солҳои ҷанги дохилӣ   мурдаҳои бачаҳои кулобиро аз Фронти халқӣ кадом гурӯҳҳо ва нафарони дигар гушу бинияшонро бурида мепатофтанду Дар Кулоб мегуфтанд, ки ин корро вовчикҳо аввал дар зинда буданашон гушу бинияшонро бурида баъд парронидагианд. Бубинед, ки вовчикҳо чи хел бераҳму даррандаанд. Агар инҳо ғалаба кунанд ана ҳамин хел корҳо мекунанд гуфта ҳатто дар телевизиони Кулоб нишон медоданд. Инҳо ҳам муовини Ҳасан Асадуллозодаро айнан ҳамин хел азоб дода гушу бинияшро бурида бо корд дар пойҳҳову қуртуқаш зада мисле, ки дар соли 1992-1995 мекарданд ва ӯ аз рафтани хуни зиёд мурдааст. Дар ҳоле ки инҳо аксарияташон кормандони собиқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ: Прокуратура, КГБ, МВД ва Агентӣ  ҳастанд. Кадрҳои ҳукумати Раҳмонов ва ин шакл ва наҳваи қатл танҳо ва танҳо бо фармони Эмомалӣ Раҳмонов метавонад бошад,ки дар гузашта ҳама аз ин амалкард огоҳии хубе доранд.

Ҳамин манбаъ гуфт,ки дар дасту пойи Шуҳрат Исматуллоев халта баста ва даруни халтаро пур аз санг карда ва бағоҷи мошинро ҳам пур аз сангу рег карда ба дарё андохтаанд. Барои ҳамин дар гумон аст ки ҷасади ӯро битавонанд пайдо кунанд.

Дар мавриди онки тавонистаанд аз Шуҳрат Исматуллоев ва суратҳисобҳои худи ӯ ё аъзои оила пул бикашанд, ҳануз маълумоти мушаххас дар даст надорем. Ҳама шоҳид будем Рустам Ашуров танҳо аз 2500 доллари кисааш мегуяд,ки ин далолат аз чизе нагирифтанро низ мекунад. Аммо,мо ин қазияро дар оянда ҳам таҳқиқ мекунем….

Сообщение Қотилонро эълон кардед, фармоишгарон ё заказчикҳоро чӣ? появились сначала на ISLOH.net.

Чаро сардори муҳофизони Рустамро Шоҳрух «подставит» кард?
Ҳабиб-сардори Хадамоти муҳофизони Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе бо иттиҳоми сирқат ба маблағ дар ҳаҷми хеле бузург боздошт шудааст. Боздошти Ҳабиб тахминан дар авохири соли гузашта аз тарафи маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сурат гирифтааст, аммо то ҳамин имрӯз аз сарнавишти ин сарҳанги бособиқаи мақомоти амниятӣ, сардори дастаи муҳофизони Рустами Эмомалӣ даракеву хабаре нест. Ӯ дар куҷо аст, маҳалли нигаҳдории вай куҷост, иттиҳоми расмии ӯ чи асту бар мабнои кадом моддаи қонуни кайфарӣ мазнун шинохта шудааст, номаълум мебошад. Беш аз ин зинда ва ё мурда будани ӯ ҳам маълум нест.

Кори ӯро кадом мақомот тафтиш кардаасту карда истодааст, дар додгоҳ муҳокима шудаасту мешавад, дар кадом тавқифгоҳи расмӣ аст ва ё маконҳои хуфияи нигаҳдорӣ, ки танҳо барои доираи маҳдуде аз мақомоти баландпоя маълум аст, чизе рушан нест.

Ба пайвандони Ҳабиб дастури акид ва огоҳиву ҳушдори қатъӣ дода шудааст, ки ҳеҷ лому миме накунанд, дамбадарун нишинанд. Аммо бинобар хабарҳое,ки ба дасти «Ислоҳ» расид, Ҳабиб ҳануз аз давраи кудакӣ, ҳануз, ки Рустам тоза синфи 1 мерафт, масъулияти муҳофизати ҷисму ҷони вайро бар уҳда дошт ва тамоми ин ҳама муддат, то замони дастгиршавиаш дар соли гузашта яке аз ду нафар наздикони мавриди эътимод ва маҳрами розу махзани асрори Рустам буд. Ҳоло чи шуда, ки Рустам ҳамин гуна нафари наздиктарини худро, ки беҳтарин даврони умри худро сарф ва вақфи муҳофизати вай кардааст, бо як чунин шеваи хашин муҷозот кунад?

Шоҳрух, говсандуқи Рустам ва 25 миллион доллари гумшуда

Ислоҳ чандест ин маълумотро таҳқиқ дорад ва натоиҷи аввалияи таҳқиқи мо чунин аст:

Ҳабиб, сардори Хадамоти муҳофизони Рустам ва генерал-майёр Шоҳрух Сайид, сардори Раёсати кофтукови ҷиноии вазорати корҳои дохилӣ ва рафиқи даврони мактабии Рустами Эмомалӣ, ду нафар шахсони наздиктарини Рустам мебошанд.

Аммо Ҳабиб Шоҳрухро ва баракс Шоҳрух Ҳабибро чашми дидан надоштаанд. Онҳо байни ҳам дар рақобати шадид қарор доштаанд. Ҳабиб, ҳам бинобар тақозои вазифааш, ҳам аз он ҷиҳат, ки Рустамро ҳанӯз аз даврони кудакӣ ҳифзу ҳимоят ва метавон гуфт тарбият кардааст, садоқат ва рафоқати самимӣ ба Рустам доштаву аммо Шоҳрух Саидови айёш ва кайфӣ дар аксари авқот бо Рустам дар айёшиву авбошӣ ҳамроҳӣ кардааст. Ҳабиб тайи ин ҳама муддат талош кардааст, ки Рустамро дар роҳи дурусту рост ҳидоят кунад ва аз зери таъсири корҳои ношоиста ва метавон гуфт ҷиноёте, ки Шоҳрух Саидов  бар анҷоми он таҳрикаш медоду сабаб мешуд, дур нигаҳ дорад.

Дар манзили муҳташаме, ки дар паҳлуи хонаи Эмомалӣ Раҳмонов Рустами Эмомалӣ бино кардааст, як говсандуқ-сейфе баҷо карда шудааст, ки ба ҷуз аз Рустам ҳамин ду наздиктарин дустони вай Ҳабиб ва Шоҳрух «доступ» доштаанд. Ин говсандуқ ба масал «бонк»-е будааст, ки дар он маблағҳое, ки Рустам ҳамчун «доля» аз мансабдорон, аз вазифахоҳон, аз тоҷирон, хуллас, аз ҳар корафтодае, ки мегирифтааст, нигоҳ дошта мешудааст. Табъан, ки ин пулҳоро Рустам тавассути ҳамин наздиктарин одамҳои худ мегирад.

Дар  ин сейф маблағи матлуб, ки бояд дар он  ворид мешуда 25 миллион доллар будааст. Ин 25 миллион доллар «доля»-як қисме аз пораи як ширкате будааст, ки мутаассифона, натавонистем номашро ифшо бисозем. Ин маблағро раиси ин ширкат ба Ҳабиб додаасту Ҳабиб, тибқи маъмул бурда дар сейф гузошта аст. Вале, Шоҳрух, ба Рустам хабар медиҳад, ки ҳамин миқдори маблағ дар сейф нест. Шоҳрух ба Рустам мегуяд, ки Ҳабиб ҳамаи пулро аз он тоҷир гирифтааст вале як миқдори он -25 миллионро дар ҷойе, ки бимонад, намондааст ва ба ҷайби худ задааст ва муҳим маблағ комилу пурра нест дар сейф. Рустам аз Ҳабиб ҳолатро мепурсад. Ҳабиб, ки пулро нагирифтааст, мегуяд ончи ба ӯ додаанд ҳамаашро бурду гузошт. Масъала печида мешавад. Пули кам несту вале баҳс байни наздиктарин афроди худи Рустам шуълавар шудааст ва инҷо нафаре метавонад парда аз рӯи асрор бардорад, ки ҳамон тоҷир аст. Рустам, ки ҳеҷ гоҳ мустақим бо «доля» диҳандаҳо рӯбарӯ намеомад, ногузир мешавад бо он тоҷир, ки раиси ширкат аст, вомехурад. Раиси ширкат таъйид ва таъкид мекунад, ки маблағи мавриди назарро,ки 25 млн доллар буд пурра ба Ҳабиб додааст.

Бинобар маълумоти ба дасти мо расида, Шоҳрух то инки он тоҷирро назди Рустам эҳзор кунад, бо вай масъаларо бар зидди Ҳабиб «гапзанон» карда «мепазонад». Инҷо, дар ҳақиқат маълум нест, ки пули нопадидшударо Шоҳрух шахсан аз сейф бардошта бошад ва ё бо ин тоҷир даст ба яке карда аз вай ба унвони васила барои нобуд кардани рақибаш Шоҳрух истифода карда бошад. Яъне пулро қисман ба ин тоҷир дода бошаду гуфта бошад, ки зидди Ҳабиб нишондод диҳад.

Мунтаҳо,ин қазия хеле тул мекашад. Дар аввал Ҳабибро аз тамоми масъулият ва имтиёзҳое, ки дошт маҳрум карда таҳти бозҷуии шадид қарор медиҳанд. Вале дар ниҳоят Шоҳрух Саидов муваффақ мешавад, ки амният-СС.Ятимовро ба ин моҷаро бикашад. Ва, ҳамин тавр Ҳабиб дастгир мешавад ва ҳоло, ки 7-8 моҳ аз он замон сипарӣ мешавад, Ҳабиб ва сарнавишти вай номаълум аст ва ӯ мафқудуласар шудааст.

Ба ростӣ, манбаъи мо ҳам мушаххасан рад ва ё тасдиқ накард, ки Ҳабиб дар нопадид шудани ин маблағ айбе дорад ё хайр? Вале гуфт, ки Ҳабиб, нафаре буд, аз наркоманӣ, аз духтарбозӣ, аз пойгаҳои шабонаи Рустам бо Шоҳрух, ки чандин ҳолати куштор, аз таҷовузҳои духтарони ноболиғ ба Эмомалӣ Раҳмонов иттилоъ медод ва ҳамеша талош кардааст, ки Рустамро дар ҳақиқат холисона ва ҷоннисорона муҳофизат кунад. Рустам ҳам ин ҳамаро медонист, ки тамоми талошҳои Ҳабиб барои вай аз рӯи садоқат ва самимона аст ва аз ин ҷо буд, ки Ҳабибро мисли як бародари бузург эҳтиром мекарду гапу ҳарфи ӯро гуш мекард. Танҳо нафаре, ки сабаб шудааст ,ки Рустамро аз наркомани конченний шудан наҷот диҳад ҳамин Ҳабиб будааст.

Ҳануз, ки Рустам донишҷӯ буд ба раисони бозорҳо аз ҷумла Саховат, аз ҷумла ба Анвари текстил, аз ҷумла ба Муродалӣ Алимардон занг зада 10.000-15000 доллар мегирифт. Мегуфт барои фалон кор ба Рустам ҳамин қадар пул даркор аст. Ин корҳоро барои Рустам Шоҳрух анҷом медод ва Шоҳрух аз ҳамон солҳо ҳамин гуна корҳое мекард, ки Ҳабиб бохабар мешуду ба худи Эмомалӣ хабар мерасонд. Ин пулҳоро мегирифтанду дар ресторани Азия-грант-оттел боуллингбозӣ ва айшу ишрат ва арусбозӣ мекарднд. Ҳабиб дар литсейи туркӣ, ки Рустам мехонд аз саҳар то бегоҳ ӯро муҳофизат мекард. Зиддияти Шоҳрух бо Ҳабиб аз ҳамон давраҳо шуруъ шудааст.

Рустам гепотити С дошт. Ҷигараш мариз буд. Ва ҳатто ин сарусадоҳо ҳам буд, ки умри кутоҳ дорад. Вайро дар Олмон ё Исроил  табобат карда ҷигарашро иваз намуданд. Дӯстони Рустам, аз ҷумла ҳамин Шоҳрух бо арусҳои Рустам ҳамхоба намешудаанд, ки мабодо гепатит С-аш сироят накунад. Ҳамин ҳоло ҳам меравад барои «переливание». Рустам чандин нафар аз духтарҳои таҷовузкардаашро гоҳо аз беэҳтиётиву нохоста ва гоҳо дониста куштааст, ки ҳамаи он фоҷиаҳоро маҳз ҳамин Ҳабиб орому осуда кардааст.

Дар тамоми ин ҳама муддат Ҳабиб дар канораш буд ва аз модару падараш ба ӯ бештар хидмат кардааст. Вақте Рустамро дар Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ба кор монданд, шогирди нафаре шуд,ки он нафар шогирди ҳамин Ҳабиб буд ва ҳамон нафар аввалин устоди Рустам дар кори амалӣ буд. Манзур ин аст ки имкон надошт, ки Ҳабиб барои Рустам хиёнат кунад ва аз сейфи вай пул бидуздад.

Шоҳрух, ҳоло танҳо нафари наздиктарини Рустам аст. Солҳо пеш, ҳоло, ки Рустам дар Хадамоти гумрук ба ҳайси сардори Раёсати зиддиқочоқ-контрабанда кор мекард дар Пуғуз,дар бустонсарои давлатӣ ҷашни таваллуд баргузор карда ва ба тамоми домодҳои падараш-язнаҳои худаш ҳушдор медиҳад, ки ҳарки маро эҳтиром кард, Шоҳрухро ҳам бояд чени ман эҳтиром кунад ва Шоҳрух ва ҷойгоҳи вай дар назди ман аз ҳар кадоми шумо “Язнаҳо” болотар аст. Аз ин ҷиҳат аст Шоҳрух бисёр ҳам нафари наздик ба Рустам мебошад. Ин наздикӣ фақат рафоқат аст ва ё кадом сабабу ваҷҳҳои дигар ҳам дорад, масалан робитаҳои ғайритабиъӣ, мо чизе гуфта наметавонем.

Оё Шоҳрӯх Саидов ҳамин Ҳабибро “подставит” карда аст?

Аммо, то ҷое ба мо гуфтанд, Шоҳрух на фақат Ҳабиб, қабл аз Ҳабиб ҳам чандин нафар аз дӯстони Рустамро аз канори вай рондааст. Яке аз онҳо нафаре бо номи Шамси “хар” будааст, ки сокини ноҳияи Рудакӣ аст ва яке аз бузургтарин қочоқчиёни маводди мухаддир будааст. Манбаъи Ислоҳ гуфт: “Шамси хар ки ду қопча-20.миллион доллар дода аз ғазаби Рустам халос шудааст вагарна ҳоло дар зиндон қарор дошт”. Барои онки Шоҳрух Шамси харро дар назди Рустам сипсиёҳ кардааст. Шамси хар авлодан наркобизнес буданд, падараш ҳам. Инҳоро Рустам кришават мекард. Вале Шоҳрух ӯро ҳам тавонист, ки аз чашми Рустам биуфтонад. Аммо бо товони калони молӣ ҷонашро раҳонидааст.

Нафари дигар Фирдавси киллер-як варзишкори ояндадорро, ки Рустам бо вай мустақим гап мезад, нағзаш медид ва қасди кумакашро дошт, аз бари вай ронд. Ҳар касе мустақим ба Рустам алоқа пайдо кунад Шоҳрух як бало карда ӯро дур мекунад. Шоҳрух мехоҳад, ки ба Рустам через Шоҳрух дар иртибот бишавӣ.

Аз тарафи дигар, мегуянд, ки модари Шоҳрух сахт ҷодугар аст ва бо ҷодугарҳои тоторӣ иртиботи сахт дорад.

Аз сӯи дигар, бинобар маълумоти расида СС.Ятимов ҳам, ба хотири онки ба Рустам хидмат карда бошад, Ҳабибро дар маҳалле нигоҳ медорад ва ё аллакай ба маҳалле фиристодааст, ки касе дигар огоҳ нест, ки вай дар куҷосту меояд ё не, номаълум.

Ҳабиб зодаи Панҷи поён будааст. Ҳамчуноне гуфтем аз кудакӣ бо Рустам буд ва ӯро аз хеле аз балоҳо наҷот додааст. Танҳо нафаре будааст, ки Рустамро ҳатто ҷанг мекардаву Рустам ҳарфи ӯро гуш мекард, эҳтроми сахт дошт. Ҳабиб мегуяд ман ҳамин қадар пул гирифтам, оварда мондам, Шоҳрух мегуяд, не,пул бисёр буд, аммо кам оварда мондааст.

Ба ин тартиб ҳоло нафаре, ки сардори Хадамоти муҳофизони Рустами Эмомалӣ шудааст, наздиктарин одами Шоҳрух Саид мебошад ва Шоҳрух Саид нафаре аст, ки Эмомалӣ Раҳмонов ӯро ба фарзандхондагӣ гирифтаву ҳамасола рӯзи мавлуди ӯро шахсан худаш ҷашн мегирад ва агар дар он рӯз коре дигар дошта бошад маросими мавлуди Шоҳрухро Азизмоҳи завҷаи Эмомалӣ Раҳмонов баргузор мекунад.

Аммо Ҳабиб, полковники амният, сардори ҳамакнун собиқи Хадамоти муҳофизати Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе ҳоло нопадид шудааст. Тамоми умр содиқона хидмат кард. Вале ҳоло барои пул шуда, он ҳам ба эҳтимоли зиёд бо туҳмат дигар зинда нест.

Манобеъи огоҳ аз оила ба “Ислоҳ” афзӯданд: Чуноне Мурод Саидов барои Эмомалӣ Раҳмонов ҳаст, Ҳабиб ҳам дақиқан ҳаминхел буд. Хело дар мавриди дур кардани Мурод Саидов талошҳо сурат гирифтааст дар тули ин 31 соли ҳокимияти Эмомалӣ Раҳмонов аммо натавонистанд дар чашми Раҳмонов ӯро сиёҳ кунанд. Дар ҳоле Мурод хело ба корҳои калонтаре даст задаасту корҳое ҳам анҷом додааст,ки ба Раҳмонов нафоридааст. Аммо садоқаташро бовар кардаасту ҷони худашро ба ӯ бовар кардааст, то имрӯз. Аммо Рустам чуноне аз ин ҳодиса бар меояд,то имрӯз мисли ахлоқи умумии падараш ба касе содиқ ,то охир набудааст ҷуз аз Шоҳрух Саидов. Инчунин ҳар касе бо Рустам наздик хоҳад шавад бояд ҳатман шахси тасдиқшуда ба Шоҳрух бояд бошад. Пас инҷо дигар бояд шахсияти Рустам ва мисдоқияташ ҳамчун “лидер”и “ояндадор” ва “кадри ҷавон” барои миллат ва мардум маълум бошад!

Сообщение Чаро сардори муҳофизони Рустамро Шоҳрух «подставит» кард? появились сначала на ISLOH.net.

Собир Валиев пас аз “афв” чи гуна милионер шуд?
(бахши дуввум)

Гурӯҳи таҳқиқотии Додситони кулли Тоҷикистон наздики 3миллион доллар хисороти расида ба ҶДММ “Хушнуд” дар ду соли ахирро ошкор кардааст. Вале, гуфта мешавад ин ҳаҷми зарар ниҳоӣ нест ва феълан таҳқиқот дар ин замин идома дорад. Даъвогарон аз ҷониби ин ширкат Халилова Муаззам Абдуллоҷонова модараш ва  Муниса Раҷабова ҳамсари ҳоҷӣ Турсун Халилов, роҳбари пешини ин ширкат мебошанд. Худи ҳоҷӣ Турсун ҳам, ки дар зиндон ба сар мебарад, дар мурофиаҳои додгоҳӣ ширкат дорад ва дар мақоми ҷавобгар ҳамроҳ бо Собир Валиев, ки дар расонаҳо худро раиси ширкати “Девори ҷаҳон” (“Wall World”) муаррифӣ кардааст, писарамуяш Исмат Валиев ва додарарӯсаш Некрӯз Табаров ончуноне дар бахши аввали матлаб тазаккур додем, айни замон дар курсии муттаҳам дар баробари қозии додгоҳ  нишастаанд ва ба пурсиши даъвогарону додрас посух дода истодаанд. Мурофиаи додгоҳӣ дар додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе ҳамчунон идома дорад. Ба таъйиди худи Собир Валиев вай ҳанӯз аз сентябри соли 2020 мавриди бозҷӯиву бозпурсии мақомоти тафтишотӣ қарор доштааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ӯ дар моҳи феврали соли 2020 бар пояи як афви мақомоти Тоҷикистон аз Туркия ба Душанбе бозгашта буд. Албатта, инки ӯ дар муддати ҳамагӣ 6 моҳ, яъне аз феврал то сентябри соли 2020 муваффақ ба ташкили ширкат шудаву дар ин фосилаи танг корҳое кардааст, ки мавриди таваҷҷӯҳи мақомоти тафтишотӣ қарор гирифтааст, худ як саволи хеле ҳам калон аст.

Аммо, мову шумо огоҳ ҳастем, ки Собир Валиев аз тарафи ҳоҷӣ Турсун Халилов, писари Салимбойбачаи ҳисорӣ, ки пайванди таборӣ бо Собир дорад, ба кор қабул гардид ва Собир корманди ширкати ҳамин ҳоҷӣ Турсун аст. Ҳамин ҳоло, ки мурофиаи додгоҳӣ идома дорад ва Собир ва шарикони ӯ дар курсии муттаҳам нишастаанд, мустақиман рабт мегирад ба фаъолиятҳои вай ба ҳайси корманд, баъдтар директор ва сипас роҳбари ҳамин ширкате, ки молики он дар асл ҳоҷӣ Турсун Халилов мебошад. Ба иборати возеҳтар Собир худ ширкат надошт ва корманди ширкати ҳоҷӣ Турсун буд. Ҳоҷӣ Турсун баъди чанде Собир Валиевро, директор таъин мекунад вале баъд аз онки ҳоҷӣ Турсун боздошт ва маҳкум ба зиндон мешавад Собир Валиев раҳбарии ширкати ӯро ба дасти худ мегирад. Ба ҷузъиёти моҷарои чи гуна гирифтани ширкат аз дасти ҳоҷӣ Турсун намепардозем. Танҳо илова мекунем, ки ин кор, яъне тасарруфи ширкати ҳоҷӣ Турсун бо пуштибонии Шоҳрух Саидов, сардори УУР-Раёсати кофтукови ҷиноии вазорати дохилӣ сурат гирифтааст. Ва, инки Собир мегӯяд, ҳанӯз дар моҳи сентябри соли 2020 алайҳи ӯ бо иттиҳоми сохтакорӣ-подлог, парванда боз карданду сипас то ҳамин поёни соли гузашта аз ҳаракат боздошта шуд, барои он аст ки аз ҳамон оғози ғасби ширкати ҳоҷӣ Турсун модари ҳоҷӣ Турсун алайҳи Собир Валиев ба тафтишот шикоят кардааст.

Яъне тафтишот тайи ин ҳама муддат кори таҳқиқро қатъ накарда будааст. Ва, инки ҳоло тафтишот шиддат касб кардаву Собир Валиев ва ҳамкоронаш мазнун ва муттаҳам шинохта шудаанд, идомаи кори тафтишот аст, на чизе дигар.

Ва, аммо савол инҷо аст, ки чаро вақте кори Собир Валиев ба ин шакл печида шудааст Шоҳрух Саид аз пуштибонӣ ё «кришават»-и Собир Валиев даст кашид? Аввалан инро бояд бигӯем, ки Шоҳрух тайи ин ду соле, ки ин ширкат аз тарафи Собир Валиев раҳбарӣ мешуд ба 30% даромади он «қуш» будааст. Даромади ширкати ҶДММ «Хушнуд» , ки аз они ҳоҷӣ Турсун асту баъди маҳкумияташ Собир Валиев ғасб кард, дар замони ду соли раҳбарии Собир Валиев ба се ҳисса ҷудо мешудааст. Як ҳисса ба Собир Валиев, як ҳисса ба Исмат Валиев-писарамуи Собир ва як бародари ҳоҷӣ Турсун Зоҳид Халилов, ки ҳоло аз иштирок дар додгоҳ сар тофтаву қарор аст ба зӯрӣ оварда шавад ва як ҳиссаи дигар ба Зафар ном шахсе аз УУР аст ки дасти рости Шоҳрух Саид мебошад. Зафар намояндаи Шоҳрух Саид дар ин ширкат будааст. Ҳоло акнун Зафар дар шумори муттаҳамин ва ҳамҷавобгарони Собир Валиев қарор надорад. Балки акнун зарари расонидаи Собир ба ширкати ҳоҷӣ Турсунро се нафар:- худи Собир, Исмат ва Некруз бояд пардохт кунанд. Шоҳрух муваффақ шуд, ки Зафар ва ҳамин тавр худашро аз «бозӣ» барорад ва «де-факто» Собирро кидат кунад. Чунки акнун Прокурори генералӣ фақат прокурор нест. Вай қудои Раҳмонов ҳам ҳаст ва метавонад бо асноду далоили мувассақ ва муваҷҷаҳ аз кору кирдори Шоҳрух, ки ба унвони намояндаи давлат амалан ба «вимогателство» ва ғасбҳои рейдерӣ шароит фароҳам овардааст, ба Раҳмонов маълумот бидиҳад. Маълумоте, ки баъид аст Рустами Эмомалӣ барои маҳор ва сокит намудани он подармиёнӣ кунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки Собир ҳеҷ гоҳ рафиқ ва ҳамсинфи Рустам набудааст ва Шоҳрух ҳам рафиқи мактабии Собир несту танҳо вақте ӯро аз Туркия ба унвони як мухолифи тавбакарда ва таслимшуда меоваранд, шинос шуда будааст.

Феълан ҳайати комиссияи ташкилкардаи Прокуратураи генералӣ дар асоси шикоят ва даъвои модари ҳоҷӣ Турсун ва худи ҳоҷӣ Турсун, ки бо «автозак» ҳаррӯз ҷиҳати ширкат дар мурофиаҳои додгоҳӣ оварда мешавад, хисороти расонидаи Собир ва афродаш ба ин ширкатро ҳисобу китоб карда истодаанд. Як савол:-агар ин ширкат, чуноне Собир даъво дорад, ки аз они ӯ аст, буд, пас чаро аз болои ӯ даъво карда мешавад? Ширкат ширкати ҳоҷӣ Турсун, шавҳари духтари холаи Собир аст ва ҳоло онҳоянд, ки Собирро ба додгоҳ кашонидаанд.

Бинобар маълумоти расида ҳоҷӣ Турсун ва модари ӯ гуфтаанд, ки Собир, Некруз ва Исмат хонаҳои заминӣ ва мошинҳояшонро ба онҳо бидиҳанд, аз даъво даст мекашанд. Ин нуктаро ҳам бояд тазаккур бидиҳем, ки зани Исмат Валиев, дар шумори ҳамҷавобгарҳо аст вале ҷавобгари асосӣ худи Собир Валиев мебошад. Чуноне гуфтем қарор аст падари Собир Валиев Асадуллов Валиев , ки дар Туркия кору фаъолият мекунад, низ дар яке аз мурофиаҳои ояндаи додгоҳӣ ширкат варзад. Гуфта мешавад ҳам зани қирғизии Собир ва ҳам модараш, яке ба Қирғизистон ва дуввумӣ ба Туркия баромада рафтаанд ва феълан Собир дар як манзле,ки аз Ҳоҷӣ Турсун барои зиндагони дода буд будааст ва гуё ҳамарӯза дар ҳолати мастӣ қарор дорад. Қарор аст манзили дуошёнаии падарии Собирро, ки дар минтақаи 8-марти Душанбе воқеъ аст ва низ чанд квартира ва ҳамон мошини Аудиро Собир ба ҳоҷӣ Турсун баргардонад. Аммо чуноне ба “Ислоҳ” расид падари Собир Валиев гуфта будааст,ки  ман ҳеҷ хонае барои додан дар ин масала надорам. Собирро бо моддаи 307 нашинонанд бигузор бо моддаи қаллобӣ рафта шинад ва боз мебарояд пас аз чанд соле. Ин барои ҳам ман ва Собир беҳтар аст. Ҳамчунин Некруз Табаров, додарарӯси Собир, ки директори ширкат таъинаш карда буд, хонаи дуошёнаи падариаш дар маҳаллаи маъруф ба колхози Россия, мошини барқии Тесла ва квартираашро ҳамчун товон ба модари ҳоҷӣ Турсун Муззам Халилова бидиҳад. Аммо кори Исмат Валиев як каме шояд сахттар бошад. Чунки Исмат як ширкати ҳамлу нақли колои ҳоҷӣ Турсунро, ки соҳиби мошинҳои борбар буд, тайи ин ду сол идора карда даромади онро ба манфиати шахсияш тасарруф кардааст. Ин ширкати ҳамлу нақли коло ба бизнесменҳои тоҷик, ки аз Хитой, Туркия ва Русия молу маҳсулот ҳамлу нақл мекарданд, хидмат мекард ва ҳамроҳ бо Исмат як бародари ҳоҷӣ Турсун ҳам кор мекардааст. Офиси ин ширкат дар Хитой будаву Зоҳид бародари ҳоҷӣ Турсун дар онҷо хонда ва ҳамсари хитоӣ дошта ва забони хитоиро ҳам медонистааст. Ҳоло модари ҳоҷӣ Турсун алайҳи ин писари худ низ даъво кардааст ва вай низ бояд дар канори Исмат зиёни расонидаро барқарор кунад. Аммо ин Зоҳиди бародари ҳоҷӣ Турсун, ки гуфта мешавад феълан дар Душанбе қарор дорад, аз ширкат дар мурофиаҳои додгоҳӣ фирор карда истодааст. Суд ба ӯ чанд бор повестка роҳӣ кардааст, наомадааст. Гӯё ӯро Шоҳрух Саидов  гурезонида истодааст. Ин бародари ҳоҷӣ Турсун ширкати дар Хитой бударо назорат мекардааст аммо дар толону тороҷи маблағҳо бо Исмат ҳамдастӣ кардааст.

Як чизро бояд илова намоем, ки Собир Валиев ҳангоми баргаштан ва “афв” шуданаш ҳатто пули баргашт надошта аст ва бо 3000 доллари ҳоҷӣ Турсун ба ватан баргашт. Аз ин рӯ ин даъвои Собир, ки дар хориҷа тиҷорат дошту баъди афв ба ватан мунтақил кард, воҳимае беш нест, ҳамчуноне, ки имкон надорад вай дар Тоҷикистон ширкате ташкил карда бошад, ки давоми ҳамагӣ шаш моҳ ин ҳама пулу дороӣ ба даст оварда бошад.

Бинобар маълумоти ба мо расида аз Прокуратураи генералӣ моддаи 307 ро низ ба Собир Валиев задаанд. Тафтишот Собир Валиевро дар расонидани кумаки молиявӣ ба аъзои созмони мамнуъаи «Гурӯҳи 24» мазнун мешуморад. Тафтишот Собир Валиевро ба  он муттаҳам мекунад, ки ба кадоме аз аъзои ин созмон 10.000 доллар ирсол кардааст.

Тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ зарари расонида ба ҶДММ «Хушнуд» аз тарафи Собир Валиев ва ҳамроҳонаш 1млн 300 ҳазор доллар ҳисоб шудааст, аммо ҳисобу китоб ҳоло идома дорад ва ин рақам тағйир хоҳад ёфт.

Модари Собир Валиев, вақте мефаҳмад, ки манзили ӯ дар 8 март низ ба эҳтимоли зиёд мусодира мешавад, аз назди Собир қаҳр кардаву рафтааст ва гуфтааст, ки «бачам акнун худат медонӣ».

ҶДММ «Хушнуд»-и ҳоҷӣ Турсун ҳамчунин даҳҳо адад дар Душанбеву Турсунзодаву Ҳисор ресторану калян-бар ва мағозаҳои хурду калон доштааст, ки даромади ҳамаи онҳо, муҳосиботи ҳамаи онҳо ба суратҳисоби ширкате, ки офиси марказиаш дар «Голубой экран» аст, ворез мешудааст.

Модари Собир рӯзи иди Рамазон хонаи ҳоҷӣ Турсун меравад ва оби дида карда мегуяд, чи даркор ҳамин корҳо, суду судбозӣ? Аммо модари ҳоҷӣ Турсун мегуяд, ки чаро дар вақташ пеши роҳи Собирро нагирифтӣ? Ҳоло, ки ин майда-чуйдаҳоро барои фарзандони ҳоҷӣ Турсун меоварӣ, чаро пештар наовардӣ?

Ҳозир ширкатро пурра ба номи модари ҳоҷӣ Турсун кардаанд ва ҳамаи корҳоро худи ӯ назорат ва идора мекунад.

Ҳоло ҳам Собир, ҳам Некруз ва ҳам Исмат ҳамаи амволу дороиҳояшон, хонаву сексияву мошинҳояшонро ба фурӯш гузоштаанд, то зарари расонидаро барқарор намоянд.

Чуноне гуфтем дар мурофиаи аввали додгоҳ модари Собир Валиев ширкат ва нишондод медиҳад. Вай ҳеҷ иттиҳомро қабул намекунад, аммо ҳоло баромадаву рафтааст.

Асадулло Валиев, падар Собир Валиев тибқи амри додгоҳ қарор аст дар мурофиаи баъдӣ ширкат варзад. Додгоҳ ширкати модари Собир барои мароҳили ояндаи додгоҳиро нозарур шуморидааст.

Аммо падари вай бояд дар бораи забонхати қарздории Салимбойбачаи падари ҳоҷӣ Турсун ба додгоҳ маълумот ва аснод ироа диҳад.

Ҷамшед Ятимов, бародари СС.Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон бо ҳоҷӣ Турсун аз солҳои пеш шинос будааст. Ба гуфтаи як манбаъи наздик ба Собир ва огоҳ аз моҷарои ба сари вай омада Ҷамшед ҳоҷӣ Турсунро бисёр «макида» будааст. Ин манбаъ, ки аз қавли зани Ҷамшед, ки феълан дар Туркия аст суҳбат мекунад мегуяд ба ҳоҷӣ Турсун Ҷамшед хеле зиён расонидааст. (Агар дар мавриди ончи Ҷамшед Ятимов ба ҳоҷӣ Турсун карда донед ва шоҳид бошед ба мо фиристед,то пас аз таҳқиқ дар бахшҳои дигар онҳоро илова кунем.)

Аммо аз сӯҳбатҳои ахири Собир Валиев бо «Озодӣ» бармеояд, ки ӯ ҳамоно хеле бебокона ва боҷасорат Прокуратураи генералиро дар анҷоми тафтишот ва ҳаракатҳои ғайриқонунӣ муттаҳам мекунад ва ҳозир аст муқобили Юсуф Раҳмон, Прокурори генеарлии Тоҷикисон бо «дили пур» ҳарф бизанад. Барои нафаре, ки таҳти пурсиш ва дар ҳабси хонагӣ қарор дорад, пеш гузоштани ин гуна иддиоҳо дар ҳақиқат ҷуръат ва ҷасорат металабад. Ба назар мерасад Собир Валиев ба чи чизеву касе пушташ сахт гарм аст. Аммо ҳамчунин маълумотҳое ҳам ба дасти мо расидааст, ки гуё қабл аз даъвои модари ҳоҷӣ Турсунро ба тафтишот ва акнун ба додгоҳ кашонидан парвандаи ҷиноятии омодакардаи Прокуратураи генералӣ аз назари Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрух Саид гузаронида шуда ва онҳоро мутақоид кардаанд, ки Собир Валиев дар воқеъ бо истифода аз номи онҳо даст ба аъмоли ҷиноӣ зада истодааст.

Собир Валиев дар суҳбати ахираш дар чанд маврид ба Прокурори генералӣ ва кормандони идораи вай иттиҳом зада ва тавре тавзеҳ медиҳад, ки ин парвандаи ӯ бо маъно ва ҳадафи дигар кушода шудааст. Беш аз ин мегуяд, ки  «кормандони Додситонии кул бо роҳи зурӣ, ғайриқонунӣ вориди Дафтари корӣ шуда, санадҳои молӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро бурда,дар нисбат ба ман ва кормандонам парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд» ва ҳатто онҳоро дар рабудани пулҳояш муттаҳам мекунад: Ба номи Додситони кул ариза навиштам, ки бо дастгирии кормандони додситонӣ афроди маълум ва ношинос ба ҳуҷраи истиқоматиам ва дафтари кориам даромада, бе санадҳои дахлдор молу мулк ва маблағи калони пулиамро гирифтаанд. Ман дар ариза навиштам, ки чанд маротиба дар рӯзи қабули шаҳрвандон ба додситонӣ омадам, вале кормандонатон барои бо шумо вохурӣ кардан иҷоза надоданд. Инак, ду моҳ мегузарад, ки намояндаҳои ҳеҷ мақомоти тафтишотӣ маро қабул намекунанд. Айбдоркунандаи давлатӣ бо далелҳои, ба гуфтае, «худам надидаам, аз касе шунидаам» парвандаро тафтиш кардааст, ки мувофиқи талаботи қонунгузор «аз куҷое шунидаам», яъне сарчашмаи нишондод возеҳ ва равшан набошад, асоси айбдоркунӣ ё ҳукми айбдоркунӣ шуда наметавонад.

Аз ин суҳбати Собир Валиев бармеояд, ки ҳатто кормандони додситонӣ ҳам ба вай эътироф кардаанд, ки «Ин супориш аз роҳбарияти додситонӣ аст».

Ин ба он маъно аст, ки Собир Валиев ошкоро худи Юсуф Раҳмон, Прокурори генералиро барои ифтитоҳи парванда алайҳаш масъул мешуморад ва тавре ташреҳ кардааст, ки ӯ дар воқеъ муртакиби кадом ҷурме намебошад. Ва даъво мекунад, ки ӯ барои исботи бегуноҳии худ ҳама мадорик то наворҳои видеоиро дорад, аммо намефаҳмад, ки чаро Прокурори генералӣ ӯро қабул намекунад:

«Ман санаду далелҳо видеоматериалҳо барои собит намудани бегуноҳии худу ҳамкоронам дорам, вале Додситони кул ва роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ қабул намекунанд. Ҳатто аз ман баёнот нагирифтаанду зидди ман парванда боз кардаанд. Боз мехоҳам ба як нукта таъкид кунам, ки ба хотири ҳақиқати ҳол аризае, ки ба додситони кул навиштаам, умедворам муҳтарам Раҳмон Юсуф маро пазирад ва далелҳои пешниҳод кардаи маро таҳлили беғараз намояд».

Қаблан ҳоҷӣ Турсун ва модари вай изҳори омодагӣ карда буданд, ки дар сурати пардохти қисмате аз ин хисорот боқии онро хоҳанд бахшид ва аз даъво мунсариф мешаванд. Зоҳиран ин гуна тавофуқ миёни модари Собир Валиев ва ҳамсар ва модари ҳоҷӣ Турсун ҳосил шуда буд. Аммо азбаски тарафи ҷавобгар сари қавлаш наистодааст, даъвогарон бар пардохти ҳамаи зарар ва барқарории он пофишорӣ карда истодаанд. Дар шумори амволи мавриди даъво як мошини гаронбаҳои мерседи С класс-500-и барориши соли 2020, ки 160.000 доллар арзиш доштааст низ ворид карда шудааст.  Ин мошина аз они ҳоҷӣ Турсун мебошад.Ҳоҷӣ Турсун дар даруни ҳамин мошин дастгир шуда ва маводи психотропӣ, ки аз тарафи кормандони УУР кашф шудааст, маҳз дар ҳамин мошин пайдо шудааст. Ин мошина чанд вақт дар ихтиёри УУР-и Шоҳрух Саидов қарор доштааст. Ҳоҷӣ Турсун барои онки онро бозпас бигирад, тавассути адвокаташ ба номи бародараш генералний доверенност медиҳад.  Аммо вақте ба суроғи мошин меравад дар УУР мегуянд, ки он мошинро Собир Валиев гирифт. Муҳим дар ғайб задани ин мошинаи Мерседеси гаронарзиш Собир Валиев ва Шоҳрух Саид даст доранд. Шоҳрух Саид бе ҳамкори бо Собир Валиев ва Собир бе ҳамкори бо Шоҳрух Саид ин мошин ба ҳеҷ куҷо ғаиб намезад. Вале Собир Валиев рад карда ва гуфтааст,  ки аз он мошин хабар надорад. Ҳоло сарнавишти ин мошини гаронбаҳоро мақомоти тафтишотӣ доранд муайян мекунанд. Мақомоти тафтишотӣ бояд донанд,ки ин мошин миёни Шоҳрух ва Собир қарор дорад!

Зимнан,ин ҳолати кор ҳам аз забони модари ҳоҷӣ Турсун садо додааст, ки ҳанӯз замоне, ки тоза падари Собир Валиев Туркия мекучад дар онҷо бемор мешавад ва модари Собир Валиев барои ҷарроҳии шавҳараш аз чанд нафар хешону наздиконаш пул мепурсад ва касе ин маблағро ба ӯ намедиҳад ва ин ҳолатро Муниса ҳамсари Ҳоҷӣ Турсун мефаҳмад ва мехоҳад ба шавҳар холааш кумак кунад ва ба шавҳараш мегуяд ва модари Собир меояд ва аз  ҳоҷӣ Турсун 5000 доллар қарз мепурсад. Ҳоҷӣ Турсун 6000 доллар медиҳад ва мегуяд,ки ин пулро ба шумо садақа кардам на қарз додаам. Шумо рӯ ба қибла карда дар ҳақам як дуъо кунед модарҷон бароям кофист.

Санади қарзе,ки Асадулло Валиев барои Салимбойбачаи падари ҳоҷӣ Турсун доштааст, тавассути зани қирғизи Собир Валиев дуруст карда шуда будааст. Бар мабнои он миёни Асадулло Валиев ва Салимбойбача дар бозори Дордойи Қирғизистон кадом муомилае сурат гирифта будааст. Ҳамакнун ҷаноби Асадулло Валиев бояд дар бораи ин санад ва дурустии он дар додгоҳ баёнот бидиҳад. Албатта дақиқан дар мавриди ин санад,ки аз Қирғизистон оварда шудаасту дар мадорики додгоҳи вуҷуд дорад ахиран модари Ҳоҷӣ Турсун Муаззам Халилова дар навори видоеияшон кутоҳ гуфта гузаштанд,ки дақиқан ҳамон санад мебошад.,ки дар нусхаи навиштаи Муаззам Халилова зери банди дуввум омадааст. “2. Ваколатномаи сохтакори кардашуда аз номи нотариуси Қирғизистон аз ҷониби Валиев Собир ва гуруҳаш.”

Тибқи иттилои манбаъи дигар дар асл хисороти расонидаи Собир ба ширкати ҳоҷӣ Турсун  наздик ба 5 миллион доллар будааст. Ин манбаъ мегуяд, ки ҳамин чанд рӯзи пеш Собир Валиевро дар маркази раводиди Олмон дар Душанбе дидааст. Нуктаи ҷолибаш ин ҷост, ки маркази раводиди сафорати Олмон дар биное ҷойгир аст ки онро ширкати ҳоҷӣ Турсун ба иҷора дода аст.

Гуфта мешавад, ки Собир аз баъзе бинову иншооти ба иҷора додааш пули иҷораи сесоларо пешакӣ гирифта будааст.

Ҳамон бинои панҷошёна, ки маркази раводид ё визаи Олмон дар он воқеъ аст чуноне гуфтем аз они Ҳоҷӣ Турсун аст. Аз ҳар ширкати дар ин бино қарор дошта Собир Валиев пешакӣ иҷораи се солаи онҳоро гирифтааст. Дар ин бино  ширкатҳое ба иҷора нишастаанд, ки 30 ҳазор доллар,3 5 ҳазор доллар ва аз он бештар ба Собир пардохт намудаанд. Ин масала замоне баромад,ки модари Ҳоҷӣ Турсун,ки ду моҳ аст ширкатро зери идораи худаш гирифта аст хост иҷора пулиҳои ширкатҳое дар бинояшон қарор доранд бигирад. Аммо ҳама он ширкатҳо ба Муаззам Халилова чек ва санади пардохти иҷораҳояшонро барои се сол ва каму беш аз он нишон доданд,ки Собир Валиев ва ё Некрӯзи додараруси Собир аз онҳо гирифтаанд. Пас ин маболиғи гирифта онҳо бояд ба ҶДММ “Хушнуд” боз пас гардонида дода шавад ва ё барои ин қаллобӣ бояд посух гуянд.

Ин манбаъи тафтишот гуфт, иллати то ба ҳамин имрӯз дастгир нагардидани Собир он аст ки ӯ ҳамчун оппозитсионер аз хориҷа ва бар пояи афви давлат баргашта аст.

Дар ҳар сурат ин парванда нишон медиҳад, ки байни Прокуратура ва раиси Маҷлиси миллӣ чи ҳарфҳое дорад мегузарад. Ҳоло агар Юсуф Раҳмон дар ҷойи Ятимов биншинад, ин ба ин маъно аст ки Рустам то ҳамин ҳоло ҳам дар назди падараш рашид ва комил нашудааст ва ҳамоно дар сатҳи «стажер» боқӣ мондааст. Вале ин суҳбатҳо ҳам ҳаст, ки дар ин авохир Прокурори генералӣ ба блоки иқтисодии тими Рустам сахт часпидааст ва айни замон рафтани вай аз ин мақом бар муроди дили Рустам ҳам ҳаст.

Ҳангоми омода намудани ин матлаб ба “Ислоҳ” маълумоти тоза дар мавриди додгоҳи ин ҳафта расид. Дар додгоҳи гузаштаи ҳафтаи сипари гашта Ҳҷӣ Турсун ва Хушнӯди додар аруси Собир Валиев дар додгоҳ гуфту монҳое гузашта будааст. Хушӯд дар назди судия ҳамсари Ҳоҷӣ Турсунро дашном карда аст ва чанд сухнҳои носазое ҳам гуфта аст. Ин амал сабаби нороҳатии ҳоҷӣ Турсун шуда ва дар назди судия Хушнӯди додар аруси Собир Валиевро зада аст. Шоҳидон гуфтаанд,ки мақсаднок Некрӯз ин корро карда будааст, то Ҳоҷӣ Турсун ӯро занад ва кор ба ҳолати дигаре табдил ёбад. Албатта Некрӯз бе маслиҳати пешаки ин корро намекунад ва машвартчиҳое дорад,то қазияро тоб диҳанд. Аммо ин амал бе восита дар назди Судия сурат гирифта аст ва набояд ғайри мунсифона баҳо дода шавад. Ин корҳо бе гуноҳии Собир ва тими қаллоби ӯро сафед наметавонад кунад.

Чуноне рӯзи 7 уми май Муаззам Халилова модари Ҳоҷӣ Турсун дар як баромади видеоияш дар фейсбук ҳама ончи мо дар барнома ва матлаби қаблӣ гуфта будем тасдиқ кард.

Омадааст дар он навор :

“Халилова Муаззам Абдулоҷоновна, ки ҷабрдидаи делаи ҷиноятии Валиев Собир мебошад ва соҳиби аслии ширкати ҶДММ  “Хушнуд” пас аз марги ҳамсараш ба ҳисоб меравад. Валиев Собир пас аз афв шудан ба ватан бармегардад ва ба боварии писари Халилова М даромада пас аз чанд муддати шиносоӣ сиру асрорҳои ширкатро омӯхта бо воситаи милисаҳо аз вазъияти афв шуданаш суистифода карда худи соҳиби ширкатро бо тариқи ташкил додани суратмаҷлиси сохтакори аз ширкатҳояшон пеш мекунад ва ба тариқи рейдери молу амволҳояшонро рӯирост кашида мегирад. Баъд бо воситаи ҳуҷҷатҳои сохтакории кардаашон ҳамчун директори ширкат додараруси худро ки Некруз Табаров мебошад, оварда таин мекунад.

Муддати се сол сипари мешавад, ки ин гуруҳи ҷинояткорон бо тартиб додани ҳуҷҷатҳои сохтакори молу амвол ва ширкатҳои Халилова М ро ба тариқи Рейдери ғасб мекунанд.

Бар замии инҳо Валиев Собир, нотарсида бо аъзои гуруҳи ҷиноятпешааш ба манзили истиқоматии Халилова М омада, ошкоро таҳдиди куштан ва несту нобуд карданро мекунад.”

Инчунин ҷиноятҳои Собир Валиевро ба ин бахшҳо баён намудааст:

Якчанд ҳуҷҷатҳои сохтакори кардашудаи Валиев Собир нишон дода шудааст:

1. Аз санаи 27/07/2020, Тартиб додани Суратмаҷлиси сохтакори кардашудаи Валиев Собир ва гуруҳаш дар ширкати ҶДММ “Хушнуд”, ки бо ҳамин ҳуҷҷатҳои қалбакиаш молу амвол ва ширкатҳои Халилова М ро бо роҳи реӣдери ғасп мекунанд.

2. Ваколатномаи сохтакори кардашуда аз номи нотариуси Қирғизистон аз ҷониби Валиев Собир ва гуруҳаш.

3. Шартномаҳои сохтакори кардаи Валиев Собир дар Туркия ва Дубай бо вуҷуди ширкати нав кушодаи Девори Ҷаҳон, ширкати ҶДММ “Хушнуд” ро қарздор бароварда молу амволашонро низ кашида гирифтани мешаванд.

4. Ҷавоби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тамоми ин ҳуҷҷатҳои дар боло зикр шуда аз ҷониби Валиев Собир ва гуруҳи ҷиноятии ташкил кардаи ӯ, сохтакори буданаш тасдиқ карда мешавад.

Ин каме аз ҷиноятҳои содиркардаи Валиев Собир мебошад, ки мо гувоҳ мешавем

Поёни бахши дуввум, давом дорад таҳқиқи ин қазия…

Ps: Пас аз нашри бахши аввали ин қазия хело муҳраҳо дар ҳаракат даромаданд ва хело таҳдидҳо ҳам карданд. Муҳим чеҳраҳои паси пардагӣ боз ҳам ошкортар шуда истодаанд. То ба ин андоза намедонистаму огоҳ набудам ва алҳамдулиллоҳ, ки Худо “муҳраҳо”-ро бо як сабабе ошкор менамояд. Собире, ки хиёнат ба мубориза кард, дар оғуши режими Раҳмонов қарор гирифту бар алайҳи Раҳмонов муборизаро ғалату иштибоҳ мегуфт, ҳоло дар чи вазъу ҳол аст. Аз дохил чанд нафар вокуниши шадид нишон доданду нашри матлабро хуб надонистанд.

Аммо ҳама мувофиқу мухолиф бояд бидонад, ки ҷинояткор ҷинояткор аст ва ӯ, ҳар касе набошад, бояд ошкор бишавад ва ба ҳеҷ шакле он набояд рӯйпӯш карда шавад ва пинҳон боқӣ монад. Агар мо мисли режими Раҳмонов кору рафтор кунем ва ҷинояткори худиро аз ҷинояткори бегона ҷудо кунем, пас беҳтараш мубориза набарем. Аммо барои ман ҷинояткор ҷинояткор аст ва худӣ ва бегона намешавад. Мо бе парда хоҳем гуфт. Агар ин корро иҷро накунам роҳи дуввумиро таслим шудан бар ин режими ҷинояткор мебинаму тамом.

Сообщение Собир Валиев пас аз “афв” чи гуна милионер шуд? появились сначала на ISLOH.net.

Пушти куштори Абдуқаҳҳор кӣ меистад: Р.Раҳимзода, А.Аламшозода (Бузмаков) ё Рустами.Э?
Аз чаҳор милисае, ки дар қатли Абдуқаҳҳори Розиқ, сокини 37-солаи Кулоб даст доштанд, танҳо алайҳи як нафари онҳо айб эълон шудааст. Прокуратураи минтақаи Кулоб Шамшод Шарифов, ходими умури дохилии минтақаи Кӯлобро бо иттиҳоми «баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ» дар доираи қисми сеюми моддаи 316-и Кодекси ҷиноятӣ дастгир вале ду милисаи дигари Кулоб Зафар Холов ва Ҷамшед Кароматовро ба шарти тарк накардан аз маҳалли иқомат озод намудааст. Аммо ҳамоно капитан Комил Назарзода, милисаи чаҳорум, ки ҳам дар ҷараёни дастгир кардани Абдуқаҳҳори ҷавонмарг ва ҳам дар шиканҷа додану ба қувваи барқ мондани вай нақши асосӣ бозидааст, дар озодӣ аст ва ҳеҷ иттиҳоме ҳам муқобили вай эълон нашудааст. Мо, дар навиштаи қаблӣ як каме дар бораи онки чаро мақомот талош дорад болои ин ҳодиса сарпуш бигзорад ва чаро мехоҳанд Комил Назарзодаро аз ин қазия берун кунанд, гуфта будем.

Бинобар маълумоти ахире, ки ба дасти мо расид дар пушти капитан Комил Назарзода на танҳо бародараш Ҷумъа Назарзода, муовини УУР-(Раёсати кофтукоби ҷиноӣ)-и вазорати дохила-ҷонишини Шоҳрух Саидов, рафиқ ва ҳамсинфи Рустами Эмомалӣ меистад, дар пушти онҳо дар асл  Абдураҳмон Аламшозода меистодааст. Чунки Комил ва Ҷумъаи бародараш аз афроди наздики генерал Абдураҳмон Аламшозода (Бузмаков), муовини аввали вазири дохилӣ будаанд. Манобеъи мо аз Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон гуфтанд, ки баъди куштори фоҷиавии Абдуқаҳҳор Розиқов Абдураҳмон Аламшозода,(Бузмаков), муовини аввали вазири дохилӣ ва дар гузашта сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон барои «разбор»— ин ҳодиса чанд рӯз аст ки дар Кулоб қарор дорад. Абдураҳмон Аламшозода (Бузмаков), ки баъди қатли омми помириҳо дар ВМКБ роҳ барои курсии вазириро паҳну ҳамвор кардаву шабурӯз лаҳзашуморӣ мекунад, ки фармони таъйиноташ кай имзо мешавад, барои фурукаш кардан ва сокиту ором намудани кулобиҳои бахашму ғазаб омада фиристода шудааст.

«Гуфта мешавад аз вуқуъи ин ҳодиса Аламшозода сахт нороҳат ва дар ташвиш афтодааст. Чунки ин ҳодиса дуруст дар рӯзҳое ба вуқуъ мепайвандад, ки Раҳмонов дар садади тағйироти кадрӣ дар вазорати дохилӣ будааст. Қарор бар ин буда, ки Аламшозода дар курсии Раҳимзода бишинад. Аммо Рамазон Раҳимзода, барои онки ин кор сурат нагирад, яъне ҷойи худро аз даст надиҳад, ё шахси мавриди таъйиди худро алал ақал биншонад, тавтиаи куштори Абдуқаҳҳорро ташкил кардааст. Тавре ташкил кардааст, ки омилини асосии ин ҳодиса нафарони наздик ва ё ба истилоҳи имрузӣ «одамон»-и Абдураҳмон Аламшозода бошанд.»

Комил Назарзода, бародари Ҷумъа Назарзода аст. Ҷумъа Назарзода, чуноне ҳам гуфтем, муовини Раёсати кофтукоби ҷиноии вазорати дохилӣ-УУР, яъне муовини Шоҳрух Саидов аст, аммо дар даврае, ки Абдураҳмон Аламшозода (Бузмаков) Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлонро дар дӯш дошт, Ҷумъа Назарзода сардори УУР-и вилоят, яъне дасти рости Бузмаков буд. Ва, то ҳамин имрӯз ҳам Комил ва бародараш Ҷумъа барои Аламшозода «хидмат» мекардаанд.

Ин дигар яқин аст ки Абдуқаҳҳор кушта шуд. Одам кушта гардид. Нафар барои он кушта гардид, ки Рамазон Раҳимзода дар вазорат биистад. Беш аз ин, ҳодиса бояд тавре воҳима касб кунад, ки дар Кулоб ҷавонҳои саркаш ва мухолифи Раҳмонов пайдо ва ташаккул ёфтаанд ва ҳадаф ва шарт ин аст ки онҳоро саркуб ва титу пош намуд. Ҳоло, ҳатто агар барои як сол ё ду соли дигар бошад ҳам Рамазон Раҳимзода ҳузури худро дар назди Раҳмонов мустаҳкам кардан мехоҳад. Гуё Раҳмонов, ки ният дорад то соли 2024 дар қудрат бимонад ба Рамазон Раҳимзода ваъда додааст, ки «баробар меравем» ва вақти рафтани худро дар як ҷаласае моҳи ноябри соли 2023 пас аз 31 солагии 16 умин иҷлосия ва ё давру барҳои 71 солагии худ эълом дошта будааст. Аммо «одамҳо»-и Абдураҳмон Аламшозода барқасд «подставит» мекунанд.

Капитан Комил Назарзода чаро дастгир карда намешавад?

Дар ҳоле, ки маҳз ҳамин Назарзода бо шиканҷаву азоб ин ҷавонмарди кулобиро куштааст. Дар ҳақиқат, дар асл ин ҳодисаи куштор амдӣ ва тибқи нақша ва паёмади мансабталошии вазири дохилӣ ва муовини аввали он аст ва ё инки тасодуфӣ сурат гирифт ва инҷо ин чаҳор милисаи ба манзили Абдуқаҳҳор зада даромада фақат ҳадафи пулканӣ доштанд?

Хабари марги Абдуқаҳҳор ба наздиконаш аз милисахона мерасад. Ва, оне ҳам, ки ин хабарро ба амаки Абдуқаҳҳор-Ромиш Розиқов мерасонад, аз одамони наздики Абдураҳмон Аламшозода (Бузмаков) будааст. Абдуқаҳҳор ҳудудан даҳ соли пеш бо иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир дастгир ва барои 18 сол равонаи зиндон мешавад. Даҳ сол мешинад ва шароити нигаҳдориаш дар зиндон тағйир мекунад. Ба низоми сукунатӣ мегузаронанд. Аммо, гуиё баъди чанде боз ҳам машғул ба корҳои пешинааш мешавад. Ин чаҳор милиса Абдуқаҳҳорро дар манзили зисташ дастгир карда ва ба «горотдел» меоваранд. Ин милисаҳо гуё бо мақсади «сумкоркунӣ» ӯро боздошт мекунанд. Дар «горотдел» ӯро зарбу лат мекунанд ва ба баданаш қувваи барқ –ток мемонанд. Абдуқаҳҳор барои раҳоӣ ёфтан аз шиканҷа ва аз қувваи барқ мегуяд, ки бас кунед, дар хона 70.000 сомонӣ дорам, ҳозир занг мезанам, меоваранду медиҳанд: «Дилам чи хелӣ шудестай, дигар тоқат надорам, илтимос бас кунед». Милисаҳо фикр мекунанд, ки Абдуқаҳҳор онҳоро храп зада истодааст, фиреб карда истодааст, «боз ба ток монем, зиёдтар меоварад» гуфта аз нав ба бадани вай ток пайваст мекунанд, ки дилаш мекафад ва ҷодарҷо мемурад. Ҳамон шаб мегиранду ба «морг» мебаранд. Дар даруни милисахона як нафар амаки Абдуқаҳҳорро мешиносад. Ба ӯ занг мезанаду мегуяд, ки акаи Ромиш биё, ҷиянатро милисаҳо куштанду ба морг бурданд. Онҳо бо шунидани ин хабар ҳамакаса ба морг мераванд. Бинобар маълумоти ба мо расида он шаб милисаҳо дар шуъба бисёр будаанд. Яке аз онҳо Саъдӣ Сарахонов, ҳоло дар милиса кор намекунад. Шогирди Бузмаков аст. Ин Саъдии лаънатӣ бачаҳои зиёди Кулобро «подставит» карда шинонидааст. Айни ҳол, шукри худо, ки аз мақомот пешаш карданд.

Ду милиса аз се милисае, ки ҳоло аз ин ҳодиса берун карда шудаанд, киҳоянд?

Холов Зафар:

Дар деҳаи Навободи Зиракӣ зиндагӣ мекунад. Як бародараш бо номи Холов Ҳаким, аз оптовикҳои бузурги арсаи доруфурушӣ дар Тоҷикистон аст. Сумдори хеле калон. Искандаркули Айниро ҳамин нафар аз они худ кардагӣ аст. Инҳо чанд додару бародаранд, бисёрианд, Холов Ҷамшед ва ..

Кароматов писари Саъдулло Кароматов аст. Падараш 25 сол мешавад, ки директори почта мебошад.Ҷамшед аз зани дуюми Саъдулло мебошад. Ин акаи Саъдулло чанд зан  дорад. Ҷамшед аз хешовандони Ҳасан аст. Модари Ҷамшед ба Ҳасан чи хешие дорад. Як вақт дар хонаи Ҷамшед туй буд. Як овозхони машҳур туйро мегузаронд. Сардори милиса ба сари ҳамон ҳофиза рафта гуфтааст, ки ба дигар маърака мебаремат, туйро обод бояд кунӣ. Ҷамшед ва бародаронаш он сардори милисаро заданд, вай маҷбур шуд бо шогирдонаш гурезад. Милисаи сеюм Шамшод. Шамшод Шарифов, ки ҳоло дар боздошт аст. Бародари ӯ ҳам сумдор аст.  Як писари амакаш дар Дастгоҳи иҷроия президент бо Озода Раҳмонова кор мекунад. Падари Ҷамшед Кароматов бо Бег Сабури қудои президент ҷураи сахт аст.

Бинобар маълумоти расида милисаи чаҳорум, ки мақомот ӯро мехоҳанд аз бозӣ бароваранд Комил Назарзода аст. Ҷумъа Назарзода, бародари калонии Комил Назарзода аст. Падари онҳо Давлат ном дорад ва гуфта мешавад як бадмасти гузаро аст. Ҷумъа Назарзода шогирди Бузмаков аст. Чи тавре дар боло ҳам зикр кардем пештар Бузмаков сардори Раёсати вазорати дохилӣ дар вилояти Хатлон ва Ҷумъа Назарзода сардори УУР-и Хатлон буд. Сипас ба ҳайси сардори милисаи минтақаи ш.Кулоб 2 ё 3 сол кор кард. Баъд аз он муовини  Шоҳрух Саидзода шуд. Дар кадом як ҷаласае дар вазорат ё сардори раёсат ва ё кадом муовини вазир ба милисаҳо Ҷумъаро нишон дода мегуяд, ки шинос шавед ин бесаводтарин милиса дар ВКД  аст. Комили бародараш таксист буд. Милиса шуд. Бовар кунед то ҳамин ҳоло на протокол тартиб дода мтавонад ва на баёнотеро гирифтаву навишта. Вақте фурудгоҳи Кулоб кор мекард бо як ҷураи мошшеникаш бо номи Шуҳрат бояд як розискро снимат мекард. Бар ивази 20.000 доллар. Аммо ба қап мехурад, дастгир мешавад. Дар қапи кадом мақомот меафтанд намедонем аммо Комилро бо статя аз кор озод мекунанд. Вале дере нагузашта дар милисаи минтақаи шаҳри Кулоб ба кор сар мекунад. Гуфта мешавад, ки бо ёрдами Бузмаков дубора ба милиса бозгардонида шудааст. Як бародари дигари Комил Субҳон Назарзода   дар  молияи  шаҳри Кулоб  кор  мекунад.

Ҳақ ба ҷониби журналисти машҳур Аҳмади Иброҳим, сардабири «Пайк» аст ки мақомотро ба адлу инсоф ва ҳали мунсифонаи ин фоҷиаи ваҳшатнок даъват мекунад. Вай дар як матлабе таҳти унвони «ҲАЁТИ ИНСОН ДАХЛНОПАЗИР АСТ» марги Абдуқаҳҳорро мармуз хонда менависад:

«Ҳар кас ҳодисаи мазкурро ба таври худ ва мувофиқи хоҳиши худ талаққӣ медиҳад. Аммо натиҷа бартар аз он нест, ки муҷримони марги ин ҷавон, 3 корманди милиса -Зафар Холов, Шамшод Шарипов ва Ҷамшед Кароматов холисона тафтиш карда шуда, дар сурати гунаҳкор буданашон ба ҷазои сахттарин маҳкум шаванд. Яъне адолат тантана кунад. Ягон зарурат надорад, ки мақомоти милисаи ҷумҳурӣ ё ҳатто Ҳукумати ҷумҳурӣ гуноҳи ин се муҷримро ба гардан гирифта, тамоми давлатро шарманда созанд. Агар муҷримони асосӣ муҷозот шаванд, ягон латма ба обирӯйи давлат зада намешавад.

Гоҳо дидаем, ки корманди милиса ё мақомоти дигари қудратӣ дидаю дониста гуноҳ содир мекунанду вазоратхонаҳо ё мақомоти дигари баландпоя ба ҳимояи ӯ бар мехезанд. Дар натиҷа ҳукумат ва давлати Тоҷикистон бадном мешаванд, чӣ лозим!»

Воқеият ин аст ки инҷо ҷиноят содир шудааст. Ҷинояти вазнин ва ваҳшатнок. Аммо мақомоти интизомиву тафтишотӣ саъй ва қасд дорад болои он сарпуш бигзорад, бипушонад ва тавре ба қалам диҳад, ки милисаҳои даст ба куштор зада гуноҳе надоранд ва Абдуқаҳҳор бар асари истеъмоли барзиёди маводди мухаддир ба ҳалокат расидааст. Иттиҳоме, ки ба милиса-Шамшод Шарифов зада шудааст, масхараи қонун, таҳқири инсон, беарзиш сохтани ҳокимият ва бадтар аз ҳама одам ҳисоб накардани як шаҳрванд аст. Шаҳрванде, ки бояд аз тарафи давлат ҳимоят бишавад, баракс аз тарафи маъмури давлат кушта мешавад. Вале давлат ҷойи онки масъулияти худро иҷро кунад, одамкушонро ба кайфари аъмолашон бирасонад, онҳоро табраа карданӣ аст. Абдуқаҳҳор кушта гардид. Ӯро задазада лахту пора карданд. Ба баданаш свет монданд, дилашро тарконданд. Дидаву дониста, огоҳона ва группавой зада куштанд. Барои ҳамин инҷо на бо иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколат, боястӣ бо иттиҳомӣ одамкушӣ, суиқасд ба ҷони одам, бо иттиҳоми шиканҷа, бо иттиҳоми анҷоми куштори гуруҳӣ ва ҳамчунин барои махфӣ кардан, барои нарасонидани маълумот ва барои гумроҳ кардан ва додани маълумоти бардуруғ ба тафтишот парванда боз карда шавад.

«Инҷо як нафарро заданду куштанд, ҷонашро, ҳаёташро гирифтанд. Ва ин ҷиноят тасодуфӣ, нохоста, масалан автоавария нест, ин ҷиноят барқасдона ва огоҳона содир шудааст ва он ҳам аз тарафи маъмури давлатӣ ва он ҳам аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ!»

Ҳоло дар як тараф мардуми Кулобу ин фоҷиа ваҳшатнок ва дар як тараф Раҳмонов, Бузмаков, Давлатов, Қунғуротзода, ки ҳамагӣ аз як авлоданд, истодаанд. Бақия мардуми тоҷик, чи дар дохил ва чи дар хориҷ, муттаассифона, бадбахтона, тамошобин аст.  Ҳар касе «моя хата с края» гуфта худро бисёр ҳам беномусона тасалло дода истодааст. Додситонӣ, ки барои баромадан аз ҳадди ваколат «статя» задаасту Шамшод Шарифовро дастгир кардааст, каси дигаре нест ҷуз Юсуф Раҳмонов, қудои нав ва навбатии Эмомалӣ Раҳмонов ки бояд болои ҷинояти Бузмакову Давлатзодаву Қунғуротзода сарпуш бигзорад, пушонад, махфӣ кунад. Як шайка ва дастаи қотилонеанд, ки иқтидори давлатро барои сарпуш гузоштан болои ҷиноятҳояшон истифода карда истодаанд. Аслан дар гумонашон намегузарад, одам ҳам ҳисоб намекунанд, ки он касе, ки кушта шуд, вай ҳам одам аст. Як Абдуқаҳҳор, ки чӣ ҳазор Абдуқаҳҳори кулобиро фидо ва қурбонии сари худу наздиконашон мекунанд. Ёдатон бошад, ки Сангакро чи гуна ташкил карда куштанд? Хонаи бобои Салмон Лангариевву Суҳроби писарашро кафонданд, Суҳроб ҳабси абад гирифту бачаи Сангак то охири умр бояд дар зиндон бипусад. Султон Қувватовро тавре фишор оварданд, ки қалбаш дошт надод, хеле бановақт ҷон ба ҳақ таслим кард. Ҳамин тавр Ёқуб Салим, Қурбони Чол, Ғаффор Мирзо ва даҳҳову садҳо ҷавонмардони кулобиро ё зиндон карданд ё сарбанест намуданд.

Бинобар маълумоти расида ба мо тамоми чораҳоро андешида истодаанд, ки ҳамон чанд нафар асосиҳои дар рӯзи куштори Абдуқаҳҳорро, ки дар назди сардхона-морг даст ба тазоҳурот зада буданд, ба ягон бало бипечонанд ва дастгир карда, кулобиҳоро сахт наказат кунанд. Худи Эмомалӣ Раҳмонов гуфтааст,:

«ҳар балое мекунед бикунед, муомила мекунед, бикунед, аммо ҳеҷ хабари бад ба Душанбе нарасад. Дар сурати расидани маълумот ва хабари бад, дониста бошед, ки аввал худи шуморо турма мекунам».

Гуфта мешавад, ки Бузмаков кори ОМОН-и Кулобро тафтиш карда истодааст. Масъалаи аз мақоми сардори бахши минтақавии Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар Кулоб Раҳмоналӣ Давлатзода, ҳамон амакзани Рустами Эмомалӣ ва Қунғуротзода аз мақоми сардори милисаи шаҳри Кулоб, гуиё ҳал шудааст ва рӯзҳои наздик бояд дастури озодсозии онҳо содир шавад. Ҳамчунин масъалаи барои Раҳмонов бисёр ҳам дардовар, саркашии ОМОН-и Кулоб аз пахши тазоҳуроти кулобиҳо дар назди сардхона, ҳануз ҳал нашуда аст. Раҳмонов пеш омадани як чунин ҳолатро комилан мунтазир набуд ва фикр мекард, ки вазорати дохила ба ҳадде содиқу вафодори вай аст, ки ба маҳзи содир шудани фармон онҳо пайи саркуб ва қатлу куштори мардум мешаванд. Аммо ба фарқ аз ҳаводиси Рушон ОМОН фармони задану парронидани кулобиҳо дар қазияи Абдуқаҳҳор Розиқов дар саҳни морги Кулобро иҷро ва итоат накарданд.

«Мақомот талош дорад Абдуқаҳҳорро муътод ва барига ва шинос кунад. Аммо роҷеъ ба иллат ва сабаби марги вай чизе дақиқ намегуянд. Ин ҳам дар ҳоле аст ки то ин вақт   мебоист пизишки қонунӣ ва ё судмедэкспертиза хулосаи худ дар бораи ин ҳолатро эълон мекард. Тафсилоти суҳбати Рамазон Раҳимзода бо падару модар ва бастагони Абдуқаҳҳори ҷавонмарг ҳам дастраси расонаҳо нашудааст. Яқин аст ки дар ин суҳбат ҳеҷ ҳарфи барои таскини ҷигари сухтаи пайвандони Абдуқаҳҳор гуфта нашудааст. Дар сурати ғайр онҳо муҳтавои ин дидору мулоқот бо вазири дохилиро ба мардум мерасониданд.»

Дигар муҳим нест, ки Абдуқаҳҳор дар дохили бинои «горотдел» кушта шуд ё дар роҳ ба самти шуъба ва ё бар асари афзоиши шиддати ток. Муҳим ва факт ин аст ки вай бо аҷали худ намурд.Ӯро куштанд.Милисаҳо ҷиноят содир карданд. Бо қувваи ток ва ё бо мушту лагад. Чаро худи вазири корҳои дохилӣ,ки бояд қонунро бар ҳарчи ва ҳама чи тарҷеҳ бидиҳад, ғуломи қонун бошад, адолати иҷтимоиро риоят кунад, аммо болои қонун -ончизе ки дар пеши чашми ҳама иттифоқ афтодааст, мехоҳад хок бирезад? Пас, барои чи вазорати дохилӣ ин дуруғро бароварду эълон кард ва ҳатто баёния доду исми  нафаре аз Ҳисорро овард, ки аз Абдуқаҳҳор ҳашиш харидааст. Ҳамаи инҳо аз чи гуна ҳукумат будани ҳукумати Раҳмонов дарак медиҳад. Кормандони вазорати дохилӣ одам куштанд. Аммо ҳозир нестанд, ки муҷозот бишаванд. Вазир талош дорад, муовини вазир талош дорад, ки болои ин куштор сарпуш бигзоранд.Чаро?

Ps : Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ.нет».Дар охирин дақоиқе,ки ин матлаб ба дасти чоп мерасид, маълумоти ҷадиде дар иртибот ба қазияи куштори фоҷиавии Абдуқаҳҳори ҷавон ба дасти мо расид. Бинобар ин маълумоти расида Рустами Эмомалӣ ва амакзани вай Раҳмоналӣ Давлатзода низ дар ҳодисаи куштори Абдуқаҳҳор Розиқов мустақиман даст доштаанд.

Мехоҳем қазияро аз аввалаш таъриф кунем. Соли 2010 ё 2011 буд, ки дар Кулоб бозии Истиқлол ва Равшан баргузор гардид. Командаи Истиқлол маълум аст ки аз они Рустами Эмомалӣ мебошад. Бачаҳои Равшани Кулоб ба дарвозаи Истиқлол гол заданд. Гол голи тоза буд. Судя подсудит кард, гуфт офсайд аст ва голро ҳисоб накард. Рустами Эмомалӣ худаш дар минбар нишаста буд. Судяро наздаш фарёд кард. Ва,фармон дод, ки ба ҳисоб нагирад. Халқи Кулоб ба ғазаб омад ва хест. Мухлисони Равшани Кулоб минбарро сангшап карданд. Милисаҳо як бало карданду Рустами Эмомалӣ, набераи Марями гурсухтаро гурезониданд. Рафт Душанбе, аммо дид, ки халқи Кулоб пур шердилҳо дорад. Он қадар сангсор карданд, ки мошинҳои бронированнийи Рустам шишаҳояш рехт. Бисёре аз бачаҳои ҷавонро бурданду заданду ҷаримаҳо бастанд. Баъди чанде Рустам раиси шаҳри Душанбе шуд. Ва амаки занаш Раҳмоналӣ Давлатзодаро сардори Раёсати милисаи минтақаи Кулоб монд. Мебоист ин одам повишенний мерафт. Аммо Кулоб омадан маънои пониженнийро дорад. Хуллас, гуё пониженний овард. Вале амалан ин амаки зани Рустам тамоми движенийҳо дар Кулобро зери назар дорад. Ҳар гуна доруву бангу чарсу героину афюну амфетамину крисстал ҳама дар зери назорати вай тақсим ва паҳн карда мешавад. Бовар кунед, ба номи парвардигор халқи Кулоб, махсусан ҷавонҳоро бангиву герчик кардагӣ аст. Ҳозир дигар Кулоб шердил надорад. Ҳама мурғ шудагӣ аст. Рустами Эмомалӣ ба воситаи амаки занаш маводи мухаддираро дар Кулоб тақсим карда истодааст. Таблеткаро бисёр дода истодааст. Кулоб пури ҷавонҳои голубой шудааст.

Ин бародар Абдуқаҳҳор, ки заданду куштанд бисёр инсони хуб ва бачамард буд. Мактаби 6-и Кулобро хондааст. Вай вақте дар зиндон мешинад аз ин ҳама гапу хабар ва ҳодиса дарак меёбад. Мебинад, ки ҳама герчику бангӣ. Аз як лаб бачаҳои бити-бити герчику бангӣ шуда маҳкам шуда истодаанд. Абдуқаҳҳор қасам хурд, ки бароям фақат баригаҳоро мезанаму мешиканам. Вай дар тюрма положенетс буд.Вақте вай баромад баригаҳоро лат доду фишор овард, ки бас кунанд, нафурӯшанд. Аммо ин баригаҳои бадбахт одамони Давлатзодаи сардори милисаи минтақаи Кулоб буданд. Вақте Абдуқаҳҳор онҳоро   ғам медод гап ба вай расид. Ин нафаре, ки гуё аз Ҳисор қапиданд «тема» буд, воқеият надорад. Тема карданд. Ин ҳамааш дуруғ буд. Вақте тема шуд Давлатзода ба Шоҳрух мебарояд. Ҷумъа Назар ҷонишини Шоҳрух аст. Шоҳрух ба вай фармон медиҳад. Ҷумъа Назар ба додараш фармон медиҳад, ки раведу фалон одамро қапеду маҳкам кунед. Абдуқаҳҳорро меқапанду мебаранду мегуянд, ки ту чаро бизнесменакҳои моро мебарӣ, шағолакҳои моро мебарӣ ғам медиҳӣ?. Ин аз дили софу кушод  мегуяд, ки инҳо ҳама бачаҳои Кулобро дар дору шинонида истодаанд, дар «дарун» зиёд шиштагианд, ин корҳоро бояд накунанд. Мезанандаш. Мегуянд,ки ту намефаҳмӣ, ин чизҳое, ки шағолакҳо мефурӯшанд аз они генераланд, аз они амакии зани Рустам. Абдуқаҳҳор ҳамон шағолако, ҳамон чоплусакҳои амаки зани Рустамро мезад. Чунки онҳо халқи Кулобро ҷазир карда истодаанд. Давлатзода бошад ин корҳоро бо супориши Рустам мекунад. Рустам мегуяд, ки ин чизҳоро бару фуруш, халқи Кулобро герчику бангӣ кун, гушнашон кун, шинонашон, ки сар боло накунанд.

Дар ин миён се бачаи шаҳр-милисаҳоро ҷавоб доданд ва як қишлоқиашро, ки аз Кулоб камтарак дуртар зиндагӣ мекунад, шинониданд. Дар гардани ҳамон заданд. Якеи онҳо писари сардори почтаи шаҳри Кулоб аст. Як сол намегузарад, ки боз ба милиса барқарораш мекунанд. Гунаҳгори асосӣ ҳамин аст, аммо ӯро ҷавоб доданд. Бо Бег Сабури қудои Эмомалӣ Раҳмонов хешу табор аст. Дар ҳоле ки вай пештар як одамро зада кушта доғи судӣ дошт, боз авария карда буд. дар пеши вокзали шаҳри Кулоб.

«Бовар кунед, ки ҳамаи ин корҳоро Рустам карда истодааст. Шердилҳои Кулобро куштанд, кушта истодаанд, дар кунҷи зиндонанд. Ҳозир яктои дигар мондагиаст, ки онро ҳам шинониданд. Бе ҳеҷ чи. Дуруғ гуфтанд, ки дар Маскав телефон дуздидааст. Як сол шинониданд. Беҳиҷ гуноҳе ОилаиАбдуқаҳҳор бисёр ҳам дар байни мардум муҳтарам аст. Дар мактаб ҳам аз ҳама зур буд ва гапашро ҳама мегирифт. Дерзкий ва весавой буд. Оилаашон, амаку амакбачаҳояш низ ҳамин тавранд. Инҳо гуфтанд, ки биистед мо ҳаминро бикушем, бинем халқи Кулоб гап мезанад?»

Халқи Кулоб як каме сару садо карду дигар хап кард. Дигар любойтои моро мекушанд, зиндон мекунанд. Ҳозир ин бадбахтҳо болои вазифаанд. Халқи Кулобро боз азоб медиҳанд. Нав сар шуд. Аз худи боло оварда савдо карда истодаанд. Қасдан карда истодаанд. Хусури Рустам ба додари Ҷумъа Назар медиҳад, вай фурӯхта истодааст. Ҳам сум кор мекунанд ҳам касалӣ мекунанд ҳам ҷиняткор. Абдуқаҳҳор проблемаашон шуд убраташ карданд, ягон гуноҳ надошт.

Сообщение Пушти куштори Абдуқаҳҳор кӣ меистад: Р.Раҳимзода, А.Аламшозода (Бузмаков) ё Рустами.Э? появились сначала на ISLOH.net.

А.Мирзонабот: «Худи помириҳо гунаҳкоранд»Бузҳои Рустам дар Бадахшон шиносоӣ шуданд
Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мақомоти қудратии режими Душанбе ба фаза ё марҳалаи дуввуми террор ва торумори аҳолии осоиштаи ин минтақа шуруъ карданд.Агар то авохири моҳи май террору торумор тавассути силоҳи оташфишону тирборону қатлу куштори ошкорои аҳолии осоишта ва боздошту латтукуби онҳо,ҳоло дар марҳалаи дуввум ин мардумро таҳти шиканҷа ва азияту озори равониву маънавӣ қарор додаанд.Ба як ҳисоб ин шабу рӯзҳо ҷони мардуми Бадахшон «дар каду қаба» шудааст.

Алишер Мирзонабот, ин генерали амниятӣ,ки режим раёсати вилоятро барои ҳамин рӯзҳо ба душаш гузоштааст,мисли як саги бовафо ва содиқ ба Раҳмонов ба саркуб ва сарзанишу таънаву мазаммати пиру барно ва зану марди махсусан ноҳияи Рушон гузаштааст. Тайи чанд рӯзи ахир Алишер Мирзонабот бо сокинони деҳоти ноҳияи Рушон ба гуфтаи ТВ «Бадахшон» силсиламулоқотҳо доир ва тавре вонамуд мекунад,ки бо ин мардум аслан ҳеҷ ҳодиса ва иттифоқе рух надодааст ва онҳо шоҳиди кадом фоҷиаи мудҳиши инсонӣ набудаанд,онҳо тирборон нашудаанд,онҳо куштаву захмиву зиндон нашудаанд,балки бадтар ва бештар аз ин ҳама, ҳар ончи дар инҷо рух дод,муқассир ва муҷрим худи сокинони ҳамин деҳоту ҳамин ноҳия ҳастанд. Чунки онҳо ба гуфтаи Мирзонабот «ба қадри некиҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдат нарасиданд,куронамакӣ карданд».

«ТВ «Бадахшон» аз ҷараёни ин силсиламулоқотҳои Мирзонабот бо мардум гузоришҳоеро такрор ба такрор нишон дода истодааст. Маълум ва дақиқ аст ки ин ҳама мулоқоту барномаҳои такрории ТВ «Бадахшон» бар тибқи нақшаи махсус сурат гирифта истодааст.Ин шабака дар шабурӯзҳои ҳаводиси нангину мудҳиши нимаи дуввуми моҳи гузашта фақат ва фақат аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва террористон гуфту талош кард куштор ва қатли омми аҳолии осоиштаи Бадахшон аз тарафи мақомоти қудратии режими Душанберо чораи ноилоҷӣ ва амали ҷавобӣ-яъне «амалиёти зиддитеррористӣ» ба қалам диҳад.Баъди ин чанд рӯи дигар пайваста аз хидматҳову дастгириҳову гузаштҳову одамигариҳои Эмомалӣ Раҳмонов нисбат ин вилоят ва мардуми он барномаҳо мунташир кард.»

Аммо ҳоло дар ин чанд рӯзи ахир қаҳрамони ТВ «Бадахшон»  Алишери Мирзонабот аст.

Мирзонабот саҳна ва пойгаро аз шерони бадахшӣ Мамадбоқиру Гулбиддину Ёдгор ва ёрони онҳо холӣ дида ва худро дар баробари мардуми дар ҳолати «шок» қароргирифта марди танҳои майдон рост кардааст.Вай дигар ошкоро ва бидуни кадом андешае ба мардум худаш таҳдид карда истодааст:

«Минбаъд низ кадом хатаре аз ҷониби кадом неруе ба амнияти давлату миллат таҳдид мекунад,дар манбаи худ аз байн бурда хоҳад шуд».

Ҳеҷ ҳарфе ва ҳеҷ сухане аз онки чаро куштори Гулбиддин Зиёбеков,таҳқиқ нашуд ва намешавад намегӯяд,кушторе,ки тамоми ҳаводиси баъдӣ ба маҳзи он сурат гирифтааст.

«Аммо гаштаву баргашта мардумро муттаҳам карда истодааст,ки натавонистанд пеши роҳи «ҷавонони ноогоҳу гумроҳшуда ва дар доми хоҷаҳои хориҷӣ» афтодаро бигиранд,то онҳо даст ба амали террористӣ -«бастани шоҳроҳи Хоруғ-Душанбе» назананд.Бастани роҳ ва ҷилавгирӣ аз вуруди ҳарбиён,ки маълум аст ба куштори ин мардум омада буданд, ҳамчун далели амали террористӣ баҳо дода шуда истодааст. Далеле,ки ҳеҷ поя ва асос дошта наметавонад.»

Мирзонабот бо овардани оморҳое,ки маълум нест манбаъаш куҷост падару модарони дар толор нишастаро таъна ва таҳдид карда мегуяд,ки дар тазоҳуроти соли 2020 аз ин деҳа 20 кас иштирок карда буд аммо дар ҳодисаи охир шумораи онҳо то 80 нафар расидааст.80 нафар сокини гумроҳшуда ва фиребхурда будаанд.Вале ин саволро ба худ намедиҳад,ки магар 80 нафар чаро гумроҳ шудаанд?Аз он намегуяд,ки гумроҳии онҳоро сабаб куштори ноҷавонмардона ва гузашта аз ин бетафтишу бетаҳқиқ мондани қазияи Гулбиддин  шудааст.Агар мақомот куштори Гулбиддинро тафтиш карда омилини онро муҷозот мекард,ҳодисаҳои ахир рух медод? Яқинан рух намедод,чун мардум эҳсос мекард ва медид,ки ҳукумат дар фикри онҳо ҳам ҳаст.Аммо вақте мардум дид,ки ҳукумат,аз ҷумла ҳамин Мирзонаботи гумоштаи Раҳмонов аслан ба онҳо эътибор намедиҳад,одам намеҳисобад,мекушад ва таҳқиру таҳдид мекунад,ночор эътироз мекунад.Вале ин эътироз ва ин норозигӣ ҳаргиз маънои амали террористиро надорад.

«Раҳмонов ва мақомоти қудратии вай дар Бадахшон мардумро куштанд, руирост тирборон карданд. Ҳукумат сокинони осоишта ва аҳолии бесилоҳи худро парронду кушт.Дигар ҳамаи ончики имрӯз гуфта истодаанд,танҳо барои худро сафед кардан ва ҷинояти анҷомдодаи худро тавҷеҳ кардан асту бас.»

Бубинед,вақте як пиразани рушонӣ мехезаду мегуяд,ки «Ман худамро гунаҳкор меҳисобам.Мо иқрорем, гуноҳ кардем.Ман гунаҳгорам,ман, ки фарзандамро фаҳмонида натавонистам» ин чи маъно метавонад дошта бошад? На танҳо ин пирзан,балки ҳар касе,ки дар толори суҳбат бо Мирзонабот баланд мешавад, мегуяд, ки мо «худамон гунаҳкорем», мо ин ҳама пешравиҳои барои мо анҷомдодаи Ҷаноби олиро надидем,мо бахшиш мепурсем».

Гумонатон ин аст ки ин мардум ин ҳарфҳои дуруғиро,ки ҳоло шумо бо истифода аз ин ҳолат маҷбур аз зери забони онҳо кашида бароварда истодаед,беҷавоб мемонад?

Шумо, талош карда истодаед, ки он куштору он тирборонро ба гунаи дигар -ба террори равонӣ давом бидиҳед ва тарсу ваҳшатро то пойи ҷони ин мардум ҷо кунед?

Як нафари дигар аз иштирокчиёни мулоқот бо Мирзонабот хесту чунин гуфт: «Аз содагии мо истифода карда бисёр хоҷагони хориҷӣ ва маҳаллӣ ҷавонони ноогоҳи моро ба ҳамин варта дохил карданд. Ман шахсан худро, ҳамаи дар ҳаминҷо истодагонро дар ҳамин чиз айбдор медонам». Маълум аст ки ин ҳама баромадҳову ин ҳама суханҳо ёддоди худи шумо Алишер Мирзонаботи хоини мардуми Бадахшон ва дигар барномарезони қатли омми мардуми сарбаланди Бадахшон аст.

Ҳоло Шодӣ Ҳафиззода, сардори УБОП-и вазорати дохила дар ин мулоқотҳо дар ҷойи Бузмаков ва Шариф Назарзода ҳузур дорад.Ин Шодӣ Ҳафиззода,ки ҳам ҳамчуноне Бузмакову Назарзода барои мардуми Бадахшон ҳиҷ гоҳ қобили қабул нахоҳад буд ва ба унвони як аҷнабӣ ва ғосиб дониста мешаванд,болои ин мардум дуғу пуписа карда истодааст:

«Инҳо ҷинотяҳои вазнин ва махсусан вазнин содир карданд.Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ бо хоҳиши худашон ба мақомоти милиса ҳозир шуданд.Дар асоси қонунгузории Тоҷикистон гуноҳи онҳо сабук карда мешавад.Аз ҷониби суд,вақти таъиноти суд вазнинтарин ҳам ки шуд,ҷазои сабук таъин карда мешавад.Ба маълумоти шумо ман ҳамина мерасонам,гарчанде,ки яке аз асосгузорҳои ҳамин ошубҳои мусаллаҳона буданд».

Маълум нест,ки Шодӣ Ҳафиззода дар бораи кадом асосгузор гап мезад,ки ихтиёрӣ худро супоридааст. Аммо шумо лаҳн ва шеваи суҳбатҳои уро бинед, ки чи гуна аст? Хеле ҳам бо кибру ғурур ва бо як назарногирӣ ва ҳақир ҳисобидани мардуми Бадахшон. Оре, дигар ин думравону пайравони Сангак ҳоло худро ғолиб ва бадахшониҳоро мағлуб медонанд. Вай боз болои аҳли нишаст дар толор,ки аксарияташон калонсол ва падару модаранд дуғу дағдаға карда истодааст,чаро «ҷавонписарон ришҳои қафқозӣ ва туркӣ,ки ба урфу  одатҳои  мардуми тоҷик хос нестанд гузошта ба ин васила ба ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд ва шумо онҳоро аз ин корҳо бознадоштед»?

Намоиши дидору мулоқотҳои Алишер Мирзонабот бо сокинони деҳоти Рушон тавассути ТВ «Бадахшон» дар ҳақиқат як амали ҳисобшуда ва махсус аст.Мақсад ва ҳадафи он зуру шикастнопазир нишон додани «Асосгузори сулҳу ваҳдат» ва ҷинояткору осӣ хондани на танҳо ҷавонону чанде аз «лидеру лидерча»,балки аксарияти мутлақи аҳолии ин вилоят аст,ки бояд шикаста бишаванд, сарҳояшонро хам кунанд, дигар нафас набароранд,мисли сокинони манотиқу вилоёти дигари кишвар ҳар касеро болои онҳо додситон,милиса, судя бимонанд сокиту хомӯш итоат кунанд,агарчи онҳо даст ба таҷовуз ҳам зананд. Чунки «Тоҷикистон аз онҳост» ва дигарҳо, аз ҷумла ҳамин мардуми Бадахшон бояд ғулому чокару батраку бардаи онҳо бошанд.

Марҳалаи дуввуми террор ва торумору саркуби аҳолии Бадахшон бо дастони Алишер Мирзонабот анҷом дода шуда истодааст.Мирзонабот як даҳан аз қатли омм ва як даҳан аз хонаҳои дар мотамнишаста,ки шуморашон наздик ба сад аст,ҳатто ишора ҳам намекунад.Мегуяд,ки онҳо террористанд,ҷинояткоранд,аз Улфатхонуми ҷосус,аз Алим Шерзамони хоин пул гирифтанд ва бо дастури Холбашу Боқир халқро бар зидди сиёсати давлат шурониданд.Туҳмате беш нест, ин сухан. Ин мардум барои дохоҳӣ омада буданд.Аммо имрӯз бо ин вуҷуд ки куштанду вилоятро ба мурдахона табдил карданд, ҳамоно террору таҳлука ва тарсу ҳаросафканӣ болои мардумро қатъ накарда истодаанд.Ин мулоқотҳои Мирзонабот бо ҳамин ният аст ки ба тамоми мардуми Бадахшон ва ба тамоми Тоҷикистон бигуянд,ки мо ҳам мекушематон,ҳам зиндонатон мекунем ва ҳам шуморо хоину душман эълон мекунем ва дар ниҳоят водор ва бечораву ночоратон мекунем,ки ба поямон биафтед ва аз Асосгузор сулҳу ваҳдат узр пурсед ва худатонро худатон бо даҳони худатон гунаҳкор эълон кунед.

«Сайфулло Сафаров чи гуфт? Гуфт ки Холбаш бо даҳани худаш худашро гунаҳкор гуфт.Такрор ба такрор «крутит» кардани ин наворҳо танҳо бо ҳамин ҳадаф аст ки мардуми Бадахшонро шикаставу торумору сарафканаву бечораву пушаймоншуда нишон бидиҳанд,то ба дигарон ҳам сабақ бишавад.»

Марҳалаи тирборон ва қатлу куштори оммавии сокинони бесилоҳи Рушону Хоруғ ва ҷисман нобуд кардани помириҳои бонуфузу боэътибор акнун ҷойи худро ба террору торумори равонӣ,саркуб ва шикастани пиру барно,зану марди ин вилоят додааст, ки ин барномаи режими Раҳмоновро дар ВМКБ Алишери Мирзонабот ба иҷро гузошта истодааст. Алишери Мирзонабот мағзҳои мардуми Бадахшонро шустушӯ карда ва дар ҷойи ғурур,номус, шараф бешарафӣ,бардагӣ ва беномусиро ҷой карда истодааст.

«Аммо ин мардум шикаста мешавад ва ё ҳаводиси ахири Бадахшон,куштори Боқир ва боздошти Фаромуз Иргашев марҳалаи сарнагунии режими ин пирамарди хирасарро оғоз мебахшад, то чанд вақти наздик маълум хоҳад шуд.Зеро ҳар лаҳза имкони тағйири вазъият вуҷуд дорад ва инро худи Пешво ҳам хуб дарк кардааст ва тарсу ҳароси худро пинҳон карда ҳам наметавонад ва ба каррот зикр мекунад, ки,“Вазъият дар олам пешбининашаванда ва мураккаб аст». Танҳо мехоҳем гушрасатон кунем, ки Тоҷикистони зери идораи шумо пешбининашавандатар аз ҳар кишвари дигарест!»

Ps: Мутаассифона, хабарҳое, ки ба мо мерасад хеле ҳам ваҳшатнок аст. Имрӯзҳо дар навоҳии Бадахшон ҷонишини аввали вазири дохилӣ Бузмаков -Аламшозода  ва сардори раёсати қӯшунҳои дохилии ин вазорат  Генерал Суҳроб Раупов ҷиноятҳои ниҳоят сангин содир карда истодаанд. Баъд аз ҳаводиси рӯзҳои 14-18 май беш 30-35 нафар ҷавони бономусу гапзанро бе ягон асос фақат бо нишондоди 3-4  бузи худашон ба шаҳодат расониданд. Ба гуфти худашон «очистка»-поксозии қавмиро давом дода истодаанд. Ҳарду ин генерал, ки номи худро ҳатман бо се хатоӣ менависанду гузаштаи сиёҳу торик доранд, ба гуфтаи шоҳидони амалиётҳои дар Помир руй дода аз рафти амалиёт ва «очистка»-ашон ба Рустами Эмомалӣ ё ба Шоҳрух Саидов гузориш дода аз он  ду кас амрҳои иловаги мегиранд. Бадии кор дар ин аст ки бузҳои онҳо дар байни мардум  то ҳадде пинҳонанд, ки мардуми бечораи Помир   намефаҳмад, ки аз байни мардуми худӣ кӣ онҳоро фурӯхта истодааст.

Вале ба ҳар ҳол, манобеи мо ба итминони комил гуфтанд, ки чанде аз ин бузҳои маҳалли мақомоти қудратиро ошкор кардаанд. Аламшозода як нафарро пурра таҳти нуфузи худ даровардааст   ва ба ӯ вазифа ҳам додааст.

Дар мавриди афроди фурӯхта шуда ба режим корро идома дода истодаем ва дар мавриди тасдиқшудани он. номҳои онҳоро тақдим менамоем.

Ҳафт нафре ҳамкории «судманд» бо мақомот доранд ва ҷавононеро, ки аз Канада,ИМА ва Аврупо барои дастгирии гуруҳҳо, ҳамкучагон кумакпулӣ гирифта буданд, фурӯхтаанд. Бародарон, падару модарони онҳоро ҳамчун оппозитсияи давлат ба Бузмаков мефурӯшанд. Аз рӯйи ҳамин маълумоти додаи онҳо буд, ки дар амалиёти «чистка»-и Суҳроб Раупов ва Абдураҳмон Бузмаков бисёре аз онҳо тибқи нақшаи аз қабл омодашуда кушта шуданд.

Рӯзи 11 уми июн тибқи хабаргузории Ховар дар шаҳри Хоруғ Айёмбеков Толиб Абдурамонович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбекович ва Гулобов Ниёзшо Аслишоевичро боз ҳам дар як амалиёти «бе зарар гардонӣ»  дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд.”

Дар рӯзи 12 уми июн бошад дар УПД Хоруғ дар як амалиёти ба гуфти худи мақомот «бе зараргардонӣ» Хурсанд Мазоров ( бо кличкаи Синниглаз) ва Зоир Раҷабовро ба шаҳодат расониданд. Инчунин бародари Алим Шерзамонов , Муслим Шерзамонови 56 соларо  ба ВКД даъват карда ва боздошташ намуданд. Мисли ҳамеша боз ҳам туҳмат карда эълон намуданд,ки аз хонаи Муслим Шерзамонов силоҳи калашников ва тирдон пайдо намудаанд.

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони милли Тоҷикистон ба РО гуфт: бародараш 56 сол дошт, «вале ба ҳеч гуруҳ ҳамроҳ набуд».

«Гуноҳи аввалаш ин аст, ки дар замони фармондеҳии Мамадбоқир Мамадбоқиров дар қисми сарҳадбонӣ дар Мурғоб раиси ситодаш буд. Гуноҳи дигараш ин аст, ки бародари ман аст. Дигар гуноҳе надорад,» – афзуд ӯ рӯзи 12-уми июн ба РО.

Ба ҳар яки онҳо аз тарафи Суҳроб Раупов ва Бузмаков дар Бадахшону Душанбе дар органҳои қудратӣ вазифаҳо ваъда карда шудааст. Аммо бо боварии комил мегӯем,ки фиреб мехуранд ва ҷуз чанд маблағи ночиз ҳеҷ вазифа ва мақоме ба онҳо дода намешавад. Хиёнаткорӣ, одамфурушӣ аз одатҳои зишти инсонӣ аст ба худ оед, ҳоло ҳам вақт аст , нафурӯшед. Аксарияти  ҷавонони бегуноҳ кушташударо ҳамин ҳафт нафар фурӯхтаанд. Гуфта мешавад, ки раиси КДАМ СС.Ятимов  ва вазири дохилӣ Раҳимзода ва раиси вилояти Бадахшон Алишер Мирзонабот аз амалиётҳои Бузмаков ва Суҳроб Раупов, ки бидуни ҳамоҳангӣ бо онҳо гузаронида шуда истодааст нороҳат ҳастанд. Махсусан, ки ин амалиётҳоро шахсан Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрух Саидов роҳбарӣ намуда истодаанд ва  ин гурӯҳакҳои зархариди ҷиноӣ аслан бо сар кардагонашон раиси ин вилоятро аслан ба эътибор намегирифтаанд ва гуш ҳам намекардаанд. Чун,ки фармондеҳ нафарест, ки нафари дуввуми кишвар аст. Бадахшониҳо бояд хуб донанд,ки Раҳмонов ва мақомоти ҷиноятпешаи ӯ ҳеҷ раҳме ба ҳеҷ Бадахшонӣ надоранд. Ҳатто ба худи Алишер Мирзонабот ва шафкаҳое ҳоло дар қатли мардуми Хоруғ ба ӯ кумак доранд. Аммо тибқи маълумоти дигар ташаннуҷ ва мухолфиати шадид миёни КДАМ ва ВКД дар Хоруғ дида мешавад ва дигар низомиён дар Хоруғ ба ҳар хона даромада ҳар ҷинояте хоҳанд анҷом медиҳанд ва ҳеҷ касе монеъи аъмоли онҳо намешавад ва наметавонанд бишаванд.

Сообщение А.Мирзонабот: «Худи помириҳо гунаҳкоранд»Бузҳои Рустам дар Бадахшон шиносоӣ шуданд появились сначала на ISLOH.net.

Қотили Муҳаммадбоқир кӣ буд? Қатли оммӣ Бадахшониҳо кай хотима меёбад?
Имрӯзҳо замин зери пойи помирӣ дар Тоҷикистон оташ гирифтааст. Помирӣ дар Тоҷикистон ба шароиту вазъияте баргашт, ки баъди дохили Душанбе шудани Фронти халқӣ ва «ҳукумати конститутсионӣ» дар декабри соли 1992 болои сараш омада буд.

Садҳо, шояд ҳам ҳазорҳо нафар аз помириҳоро ба маҳзи помирӣ будан дар кучаву бозор, дар манзили зист, дар дохили автобусу тролейбусҳо, дар фурудгоҳҳову вокзалҳо, дар марзҳо боздошт мекарданд ва то ба имрӯз дақиқ нашудааст, ки чи теъдоде аз онҳоро ҳанӯз ҳамон солҳо «безарар» гардонида буданд. Ин мардуми ҷонсахту сахткуш ва бовиқору боғурур иншабурӯзҳо боз ҳам таҳти таъқибанд, дастгир ва кушта мешаванд, зиндонӣ мешаванд, хонаҳояшонро ба сарашон овор мекунанд. Ватан барои помирӣ ба як СИЗО ва ба як зиндони бузург бадал гаштааст.

«Раҳмонов ва мақомоти қудратии вай мегӯянд, ки Муҳаммадбоқир, ин қаҳрамони мардумӣ ва шаҳиди роҳи адолат дар «муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ» кушта шуд. Вазорати дохилӣ расман ҳамчунин баёяния содир кард. Аммо ин «муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ» байни Муҳаммадбоқир ва киҳо рух додааст, чизе нагуфт. Онҳое, ки Боқирро куштаанд, киҳо ва ё кӣ аст, Муҳаммадбоқир бо кӣ ва киҳо муноқиша кардааст, дар баёнияи вазорат дар ин бора ҳарфе гуфта нашудааст. Вазорати дохилӣ бидуни асосу мадрак маълумот ва хабар ба нашр намерасонад ва набояд ҳам расонад. Пас, чаро тарафи дигари «муноқиша»-и Муҳаммадбоқирро ошкор намекунад ва накард? Мо ба унвони шаҳрвандони ин кишвар, ба вазорати дохилӣ, ки масъулияти ҳифзи ҳуқуқҳои моро дорад, тартиботу интизомро ҷорӣ мекунад, бояд бовар дошта бошем.»

Аммо инҷо пурсишҳое зиёде пеш меоянд. Вазорати дохилӣ чи тавр фаҳмид, ки Боқир дар «муноқишаи байниҳам дигарии дохилӣ» кушта шудааст? Мадрак ва далел дорад? Онҳое, ки даст ба муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ бо Боқир заданд, киҳоянд ва куҷоянд? Агар дар муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ кушта шуда бошад, вазорати дохилӣ дар ин замина парванда боз кардааст? Медонад, ки қотил, кушандаи Боқир кӣ аст? Вазорат нафари қотили Боқирро метавонад ном барад? Вайро ба ҷавобгарӣ мекашад? Вай аз кадом навъи силоҳ истифода кардааст? Боқир ва тарафдоронаш ба тарафи дигари ин муноқишаи байниҳамдигарӣ тир задаанд, оташ кушодаанд? Инҳо ва даҳҳо суолоте дигар ҳастанд, ки бояд посух дода шаванд, дар сурати ғайр ин амалро ҷуз аз «террори давлатӣ» ба манзури аз байн бурдани рақибони сиёсӣ чизе наметавон гуфт ва ҳиҷ касе ҳам бовар нахоҳад кард, ки Боқир даст ба кадом амали террористӣ зада бошад.

«Ончи мақомоти Тоҷикистон мегуянд, ки монеъи ҳаракати мошинҳои ҳомили «Алфа» шуданд, роҳҳоро дар фалон қитъа бастанд, ба ҳеҷ ваҷҳ амали террористӣ шинохта намешавад. Ин корҳо ва ё иқдомоте аз рӯи ночор ва ноилоҷӣ аст ки гурӯҳе аз мардуми додхоҳ ва ҷонбарлабрасида ба он даст задаанд. Ҳамин Боқир ва ҳамаи он 200 нафар «террорист»-е,ки мегӯянд, ба ночор ва ба хотири ҷалби таваҷҷуҳ ба ин чораи ночорӣ рӯ оварданд. Чун мақомот на инки талаби гирдиҳамомадагони моҳи ноябрро бепосух гузоштанд, балки яке, яке ҷавонони бадахширо ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ дастгир ва ҳатто ба солҳои тулонӣ зиндонӣ карданд. Магар Амриддин Аловатшоев, ин қадар ҷинояти сангин содир карда буд, ки 18 сол ҳукм гирад ва ба ин ҳам дилашон хунук нашуда хонаи ӯро трактор дароварда ба замин яксон карданд.»

Дар ин ҳолат, посухи ин мардум мебоист чи тавр мебуд?

Вазорати дохилӣ дар хабари дигаре эълон кард, ки панҷ нафари дигар ба шумули Ёдгор Ғуломҳайдаров, яке аз лидерони мардумӣ дар Бадахшон дар пайи як амалиёт дар яккилометрии марз бо Афғонистон кушта шуданд. Навори ин ваҳшониятро гаштаву баргашта тавассути шабакаҳои телевизионӣ ба намоиш гузошта ва дигарбора аз хунрезиву хушунат тазаккур карданд. Манзур маълум аст.

Аммо ин тарафи масъаларо фикр намекунанд, ки агар онҳо террорист буданду агар онҳо ин ҳама силоҳҳоро доштанд, чаро ҳатто як нафар аз кормандони мақомот кушта нашуд ва фақат ҳамин панҷ нафар «безарар» гардонида шуданд. Ҳамчуноне, ки Абдураҳмон Аламшозода гуфт, ки тамоми раванди воқеоти 18-май, ки бар асари он беш аз 40 нафарро мақомот кушт тавассути дурбинҳои дронҳо наворбардорӣ шудааст. Акнун, ки болои аҷсоди ин ҳама шуҳадо анвои мухталифи силоҳҳои ҷангӣ ба намоиш мегузоред ва онҳоро мусаллаҳ ҷилва медиҳед, чаро як лаҳзае, як кадре, як манзарае кучаку хурдро, ки он «террорист»-ҳо дар дасташон силоҳ доранд, нишон намедиҳед? Мегӯед, ки дрон «съемка» кардааст. Айни фурсат аст ки нишон бидиҳед ва исбот намоед, ки он 200 террорист мусаллаҳ буданд.

«Воқеият ин аст ки онҳо мусаллаҳ набуданд ва ҳатто як тир ҳам напарониданд. Ин шумо, мақомоти хунхор будед, ки ҳуҷуму ҳамла карда даҳҳо нафар аз помириро дар ватани худашон куштед.»

Манбаъи «Ислоҳ» гуфт: нафаре, ки Муҳаммадбоқирро аз дур бо снайпер нишон гирифта аз пой даровард ва ё ҳадафи тири ӯ қарор гирифту ҷонашро гирифт Алишер ном дошта муйҳои зарди тарафи боло шона карда дошт ва ҳайратовар ин буд, ки бо лаҳни помирӣ суҳбат мекардааст. Ҷузъиёти дигаре ҳам дорем,ки дар фурсати муносиб онҳоро расонаӣ хоҳем кард.

Дар ҳуҷум ва ҳамла болои мардуми осоишта дар Рушон ва Хоруғ ин бор чанд гурӯҳ аз мақомоти қудратӣ, бахусус дастаҳои вижа вориди кор шуда ва бархеаш ҳадафмандона муътаризинро куштаанд ва бархеашон онҳоро дастгир карда ва ба шуъбаи амнияту пулис ва коммендатураи ҳарбӣ бурдаанд. Дар дасти мо маълумотҳои зиёде ҳаст, ки даҳҳо нафар аз кушташудаҳоро дар дохили шуъба баъди зарбу лат ва азияту озори ҷонкоҳ ҷобаҷо парронида ва сипас дар ҳар гуша, аз ҷумла дар назди «мусорка» бурда партофтаанд. Аз ҷумла ҳамин Ёдгор Ғуломҳайдаров ва ҳамроҳони вайро зинда дастгир ва чанд рӯз ҳам бандӣ карда ва сипас куштаву дар сари куҳ бароварда ва ин «ривоят»-и бардурӯғро аз шабакаҳо нашр карданд. Боз ҳам саволи асосӣ ва тардиди бузург ин аст ки агар ин нафарон мусаллаҳ буданд ва агар ин нафарон террорист буданд, имкон надошт, ки ба ин роҳатӣ «безарар» гардонида шаванд. Онҳо ҳам ҳатмани ҳатман чандин нафар аз ин тарафро «безарар» мегардониданд.

Дастаи қотилони зархариди Рустам дар Варзоб мутақар буда

«Ислоҳ», дар яке аз матолиби қаблиаш аз мавҷудияти як дастаи 90 нафарӣ дар Варзоб навишта буд, ки онҳо асосан барои анҷоми амалиёти махсусан хатарнок истифода мешаванд. Барои чӣ 90 нафара мегӯем ? Чун дар гузашта буданд ин адад вале феълан адади ин “аҷир” ва  зархаридонии Рустами Эмомалӣ 60 нафар аст. Барои онҳо инструкторҳоро аз хориҷа овардаанд. Ва ҳамин гурӯҳ буд,ки дар зиндони Ваҳдат маҳбусонро кушта буд. Ҳамин гурӯҳ дар Бадахшон ҳам оварда шуданд. Ин як гурӯҳи махсус аст ки кори асосиаш куштани одам аст. Дар оғоз маълумот ба мо танҳо аз ду нафар расида буд, ки иштирок доштанд. Аммо бо маълумоти баъди ин гурӯҳ чанд нафарашон иштирок доштаанд ва вазифаҳои муҳиммеро анҷом додаанд. Ин гурӯҳ ба ҳеҷ касе итоат намекунанд, танҳо ба Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрух Саидов. Ҷиноятҳои содир намудаи ин гурӯҳро муфассал дар ҳодисоти Хоруғ хоҳем навишт.

«Манобеъи мо мегуянд, ки дастури қатли Боқир ба ҳар қиммате аз худи боло содир шуда будааст ва Бузмаков дар шурӯъи амалиёти куштори бадахшониҳо дар рӯзи 18 таъкид ва дастур дода будааст,ҳатто агар имкон шуд ва ҳатто агар таслим ҳам шуд ,Боқирро зинда нагиранд.»

Чаро он дронҳои Бузмаков, ки ҷараёнотро сабт кард мошини мавриди ҳамла қарор гирифтаи  «Алфа»-ро нишон намедиҳад?

Маълум аст ки ҳамчунин кадреву ҳамчунин наворе вуҷуд надорад,чун кадом силоҳеву кадом ҳамлаи мусаллаҳонае ба корвони мошинҳои «Алфа» ҳаргиз  сурат нагирифтааст. “Ислоҳ”  қаблан парда аз рӯи ин нақшаашон бардошта буд, ки мехостанд ба бачаҳои боздоштшуда сару либоси афғонӣ пушонида, сипас онҳоро наздикии марз бурда ва ҳамчун марзшикан кушта ва аҷсоди онҳоро ҳамлавар ва ё тарафдорону ёригарони Боқир ва ҳамин тавр ҲНИТ, муаррифӣ бикунанд, ки тавассути Ансоруллоҳ мусаллаҳ шудаанд ва ин ҳолатро намоиш диҳанд. Ҳоло, фақат либоси афғонӣ напушониданд, дигар дурусту дақиқ ончи мо гуфтем таъйид шуд. Фермаи ҷавоб ва сомонаҳои наздик ба КДАМ-и Тоҷикистон ҳамин гуна фарзияҳои дурӯғиро ҳам ба нашр расониданд, ки дар ҳаводиси Хоруғ Ансоруллоҳ даст доштааст. Аммо ин як дурӯғе аст, ки ба манзури гулу гумроҳ кардани мардуми тоҷик гуфта шудааст. Ҳеҷ касе дар сатҳи дунё ба он бовар накард ва нахоҳад кард, чун инҷо кадом даргирӣ набуд, инҷо мақомоти қудратӣ мардуми осоиштаро тирборон кард.

«Мо, маълумот доштем, ки Ёдгор Ғуломҳайдаров ва панҷ нафари ҳамроҳонаш зинда дастгир шудаанд, ба хотири таҳлука, ваҳму воҳима, ваҳшату даҳшатандозӣ ва тарсу ҳарос додани мардуми Бадахшон онҳоро куштанду бурданду саҳнасозӣ карданду чанд рӯз аст ки аз шабакаҳо ба намоиш гузоштанд.»

Сухтор дар бозори Хоруғро барои он ташкил карданд, ки ҳамин сиёсати ҳарос ва ваҳшатафканиро бештар ва жарфтар кунанд.

Алишер Қимматшоеви 47-сола, ронандаи мошини борбарро, ки рӯзи 17 май аз Душанбе Хоруғ омад 18 май аз хонааш дар ҳузури зану фарзандаш дастгир карданду бурданд. Рӯзи пас ҷасади абгору сиёҳу кабуд гашта ва бидуни дандони ӯро дар гаражи куҳнаи назди беморхона пайдо мекунанд. Дар ҳамин гаражи куҳна аҷсоди даҳҳо тани аз сокинони Вамарро хешовандонашон пайдо мекунанд, ки бо тир аммо баъди ҳатто азобу азият, шикастани сару дасту дандону кандани чашмону гушҳо ва дар бадани бараҳнаи онҳо куштани «окурка»-и сигарет кушта шудаанд.

Ҳоло савол ин аст ки чаро Раҳмонов ин қадар помириҳоро кушта истодааст? Чаро ин қадар аз помириҳо мутанаффир аст?

«Ҳолати дигар мудҳиш ин аст ки ин бор низ тамоми амалиёти куштори помириҳо айни соли 1992 бо дастони собиқ фронтовикҳои аз як маҳалли муайян сурат гирифт. Яқин аст ки ниқор гирифтанд, ки ин мардум тули 30 сол ба онҳо даста надод.»

Сайфулло Сафаров мегуяд, ки қатъи таҳқиқи ҳодисаи куштори Гулбиддин Зиёбеков ҳисобшуда ва махсус буд, то ки мардум ба хашм ояду даст ба ҳамин гуна амалҳо бизанад ва сипас ошкор бишавад, ки дар пушти Боқир кӣ меистад? Инҷо геополитика, созмонҳои байналмилаӣ ва давлатҳои хориҷӣ ва ҳизби террористии наҳзати исломӣ даст доранд

«Пас, ин  худи ҳукумат будааст, ки дидаву дониста таҳрик ва ангеза додааст, «спровотсироват» кардааст, ки мардум норизоӣ ва эътироз кунад? Ҳама ҳарфу ҳама гапҳо ин бор ҳам як дурӯғи дигар аст? Айни дуруӯғи сохтаашон дар бораи «кудато»-и Ҳоҷӣ Ҳалим? Гулбиддини ба дастуфтода ва дар гарданаш ресмонандохта ва кушташуда ин нақша ва сенария будааст,  барои саркуб ва қатли оми помириҳо!»

Дастбанд ва завлона назаданду ресмон бастанд, Чунки ҳадаф куштан будааст ва дастгир кардан ва ҳадаф мардумро шуронидан будааст. Ин чи гуна давлат аст? Ҳоло куштани помириҳову арақхурии Раҳмонов айни як чиз шуданд.

Фаромуз Иргашев танҳо нафаре дар Тоҷикистон, ки баланд шуду гуфт, ки омода аст номзади президентӣ бишавад ва рақиби асосии номзади хонаводаи Раҳмонов мешуд, низ боздошт гардид. Ҳоло маълум нест, ки вай зинда мемонад ва ё сол мегирад? Аммо яке дигар аз авомиле, ки Раҳмоновро дар баробари помириҳо ба душмани сарсахт ва оштинопазир бадал кард, ҳамин даъвои ҳақ ва ростин ва қонунии Фаромуз ҳам буд.

«Паймони миллии Тоҷикистон бо интишори як баёния роҷеъ ба авзоъи ВМКБ ба бадахшониҳо ҳушдор додааст, ки айни замон аз хориҷа ба ватан барнагарданд, чун имкон дорад, ки дастгир ва ҳабс бишаванд. Воқиан ҳам имрӯз ҳолу вазъи сокинони Бадахшон, помириҳои сарбаланду мағрур бисёр ҳам вахим аст. Аммо, савол ин аст ки бо ин ҳама Раҳмонов метавонад ин мардумро мутеъ кунад? Мардуме, ки ҳиҷ гоҳ таҳти иродаи ҳиҷ ғосибе нарафтааст….»

Таҳқиқоти мо дар мавриди ҷиноятҳо ва қатли омми Раҳмонов ва мақомоташ дар Бадахшон идома дорад. Ҳар маълумоти ҷиддие расид ва он тасдиқ шуд аз манобеъи дохил ниҳодҳои қудрати «ИСЛОҲ» онро тақдими шумо хоҳем кард.

Сообщение Қотили Муҳаммадбоқир кӣ буд? Қатли оммӣ Бадахшониҳо кай хотима меёбад? появились сначала на ISLOH.net.

Нақшаҳои шум ва ҷиноятҳои полковник Шоҳрух Саид дар дохил ва хориҷ
(бахши аввал)

Полковник Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД(УУР) бо ин нақша ва ваъда, ки то ду-се моҳи оянда,ман: –Муҳаммадиқболи Садриддин ва Шарофиддин Гадоев, узви аршад ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистонро дастгир ва даступобаста ба Тоҷикистон мебарад, доираи салоҳият ва ихтиёроти худ ва ниҳоди зери контролашро васеъ кардааст. Ҳамакнун тамоми ҷараёноти таҳқиқу тафтиш ва боздошту истирдоди шаҳрвандони таҳти пайгард дар хориҷ аз Тоҷикистон ба дӯши танҳо УУР гузошта шудааст.

Гап сари он меравад, ки аз моҳи марти соли гузашта бахше аз ваколатҳои КДАМ-ро гирифта ба ихтиёри ВКД, дақиқтараш Раёсати кофтукови ҷиноятӣ, маъруф ба «9-ий отдел» вогузор карданд. Ба таъбири дигар аз СС.Ятимов гирифтанду ба Шоҳрух Саидзода доданд. На танҳо аз ваколатҳо маҳрум намуданд, ходимони амниятӣ, ки дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекарданду мекунанд, минбаъд ба Шоҳрух Саидзода гузориш медиҳанд. Салҳои пеш дар шабакаҳои телевизионӣ аз дастовардҳои КДАМ зиёд мегуфтанду нишон медоданд, ҳоло бошад қариб,ки дида намешавад. То соли гузашта КДАМ бюҷети номаҳдуд дошт, яъне ҳар чи қадаре, ки мехост аз ҳисоби бюҷети давлатӣ бо ҳар баҳона пул мегирифт. Феълан тарафҳо иваз шудаанд. Чунки Рустами Эмомалӣ барои Шоҳрух аҳамият ва эътибори бештар дода истодааст ва дар нақши асосӣ Шоҳрух бо Раёсати кофтукови ҷиноятӣ бозӣ мекунанд. Акнун кормандони амният(КДАМ) низ ҳар нафареро бо кадом ҷурме дастгир кунанд, оварда ба Раёсати таҳти назорати Шоҳрух Саидзода таҳвил медиҳанд. Акнун кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятӣ метавонанд, ки ходимони амниятро бо иттиҳоми барои мисол «хиёнат ба ватан» ё ки нисбати сиёсати Пешвои миллат ягон нияти бад надошта бошад ба шӯъба даъват карду мавриди пурсиш ва тафтиш қарор диҳанд. Феълан дар ин васат танҳо ноҳияи Фархор истисно аст, чунки дар ин ноҳия ҳамаи ниҳодҳои қудратӣ ба дасти одамҳои Ятимов аст. Вале, маълум аст ки ин ҳолат давомдор нахоҳад буд ва Шоҳрух инҷоро ҳам таҳти контрол мегирад.

Тарҳе баргирифта аз Узбекистон

Гуфта мешавад, ки ин тарзу услуби ба истилоҳ ислоҳот дар сохторҳои қудративу низомиро Эмомалӣ Раҳмонов аз ҳукумати Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон омӯхта ва ба он пайравӣ кард. Мирзиёев ҳукуматро аз таҳти контроли СНБ-Хадамоти амният гирифт ва ба ВКД дод, ки ин ягона роҳи бақо ва идома додани ҳукуматаш буд. Чунки СНБ як ҳукумати даруни ҳукумат буд, айни коре, ки феълан СС.Ятимов дар Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Инро айнан Эмомалӣ Раҳмонов ба хотири ҷилавгирӣ аз эҳтимоли табаддулоти давлатӣ анҷом дод. Ин навъи табаддулот дар мақомоти қудратӣ- интизомӣ ба он ҷиҳат ҳам ҳаст, ки мансабдорони баландмақом мисли саг ба раис вафодор бошанд ва тарсанд, чунки раис «ҳарчизе бихоҳад,мекунад».

Шоҳрухи наркобизнес бар алайҳи наркобаронҳо

Шоҳрух Саидзода дар соли 2021 як амалиёте бар зидди наркобизнесҳои Тоҷикистон гузаронд ва онро шабу рӯз дар телевизионҳо намоиш дод. Бар ин корномаи Раёсати кофтукоби ҷиноятӣ таҳсину офаринҳо карданд. Вале инҷо дар зери коса нимкоса вуҷуд дорад. Яке аз наркобизнесҳои «катазан» ва миллионери Тоҷикистон Муқим Қурбонов бо лақаби «бачаи кампир» буд. Албатта миллионҳоро «бачаи кампир» аз ҳисоби тиҷорати маводди мухаддир ба даст овардааст. Савол ин аст ки  пас чаро ӯро то ин замон дастгир накарданд? Ва, вай тавонист, ки аз фурӯши наркотик миллионер шавад? Гумон мекунед, ки мақомот:-милиса ва амният дарак надоштанд, ки Муқимча наркобизнес аст? Баракс, на танҳо хабар доштанд, балки бо дастгирии СС.Ятимов ва Мансур Умаров муқимча ин тиҷораташро идома ва равнақ медод ва ҳар сол барои ин ду нафар 1 миллион долларӣ «доля» медод.

Шоҳрух дар Туркия

Шоҳрух Саидзода баъд аз онки салоҳияту ваколатҳои Раёсати зери назораташро васеъ кард, чандин нафар аз ходимони милисаро ба Туркия роҳӣ кард. Барои боздошту овардани Сӯҳроби Зафар, раиси «Гурӯҳи 24». Манбаъе, ки ин маълумотро барои мо расонд, исми ин гурӯҳи кормандони милисаро, ки вориди Туркия шудаанд, дар даст доштааст, аммо гуфт беҳтар аст як каме сабр кард.

Ёдатон бошад, замоне,ки Умаралӣ Қувватов, роҳбар ва бунёдгузори «Гурӯҳи 24»-ро дар Туркия ба шаҳодат расониданд, ходимони милиса ному насаб ва шиносномаи худро иваз карда буданд. Барномаи қатли ӯро, ки худи Эмомалӣ Раҳмонов дар тарҳрезӣ ва маблағгузориаш якҷо бо Шамсулло Соҳибови домодаш ширкат карда буд, ВКД ва аз рӯи баъзе маълумотҳо ҳамин Шоҳрух Саидзода татбиқ карда буд. Шоҳрух Саидзода, ки моҳи апрели соли 2017 ба ҳайси иҷрокунандаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД омад, дурусту дақиқ бо «о,кей»-и худи Эмомалӣ Раҳмонов ба ин мақом расид, вагарна Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ аслан инро намехост. Ҳамин ҳоло ҳам дар «круг»-и худаш аз ҳузури Шоҳрух Саидзода ба шиддат изҳори норозигӣ мекунад:

«Яг гудаки риха дар таҳи фуки ман оварда мондаст. Ҳарчи хабаре шавад ба Рустам мегуяд ва Рустам ба падараш мерасонад. Аз пушти ман кор кадестай».

Ногуфта намонад, ки Шоҳрух Саидзода ба курсии нафаре нишаст, ки сардори гурӯҳи аҷиршудаи милисаҳое буд, ки дар Туркия Умаралӣ Қувватовро дар пеши чашми зану фарзандонаш бо тири туфанг зада куштаанд. Ин нафар он замон сардори милисаи фурудгоҳи ш. Душанбе Исозода Набиҷони Исо фамилияи пешинааш (Грезов Набиҷон Исоевич) соли таваллудаш 07.06.1977зодаи н.Восеъ буд, ки баъдан сардори Раёсати кофтукоби ҷиноятии ВКД ва сипас, баъд аз онки Шоҳрухро дар ҷояш нишонданд, чанд муддат дар мақоми сардори ШКД дар Бохтар кор кард.

Хуб, ҳоло бубинем, ки Шоҳрух дар Туркия ба чи корҳо машғул аст. Рӯи 30 декабри соли гузашта Насим Шарифов як нафар аз аъзои аршади «Гурӯҳи 24» дар манзили зисташ дар Истанбули Туркия дастгир шуд. Қаблан низ ин узви баландпояи ин гурӯҳро ду маротиба дар Туркия дастгир карда буданд. Насим Шарифов, дар шабакаи радиои «Зело» барномаи «Гурӯҳи 24»-ро пеш мебурд. Аммо ин бор низ тири Шоҳрух Саидзода хок хӯрд. Мақомоти Туркия ҳамагӣ баъди 6 рӯз, рӯзи 5 январи соли ҷорӣ Насим Шарифовро ба иллати онки талаб ва дархости Тоҷикистон ангезаи сиёсӣ дорад, озод карда таслими гурӯҳи милисаҳои фиристодаи Шоҳрух накарданд.

Манбаъи мо афзуд, ки ҳоло дар айни тоҷикҳои Туркия Шоҳрух Саидзода тавонистааст, ки чанд нафарро ба худ ҷалб ва «буз» кунад. Гуфта мешавад, ки ин ҳайати фиристодашуда аз 30 нафар ҳам зиёд аст. Онҳо чанд ҳафта қабл аз соли нав эъзом шудаанд ва ба ҷуз аз аъзои «ГР-24» ва ҲНИТ ҳадафи асосии дигари онҳо боздошту истирдоди онҳоест, ки дар шабакаҳои маҷозӣ канал доранд, сӯҳбатҳо анҷом медиҳанд. Ҳамаи онҳоро бо иттиҳоми моддаи 307 айб задаанд. Феълан дар Туркия чандин нафар аз афроди вобаста ба ҷамоати «Таблиғ»-ро дастгир кардаанд.

Яке аз онҳо Муҳаммадиқбол ном доштаст. Ӯро низ дуюмбора маҳкам карданианд. Омаданд хонааш худашро наёфтаанд, занашро бурдаанд. Гуфтаанд, худаш ояд баъд ҷавоб медиҳем.Манбаъи «Ислоҳ” афзӯд ҳамсари Муҳаммадиқболи таблиғиро чанд рӯз боздошт намудаанд вале аз худаш дараке нашуда ва чанд рӯз шуд ҳамсарашро раҳо намудаанд. Вайро,танҳо ба он хотир,ки ҳамноми ман аст, дастгир кардаанд. Таблиғиҳо як оддат доранд,ки вақте хуруҷ мебароянд телефонҳояшонро дар хонаҳояшон мегузоштаанд. Телефонашро Муҳаммадиқбол дар хонааш гузошта будааст ва бо пилинги симкорт ӯро пайдо карда будаанд мақомоти интизомии Туркия. Аммо меафзояд манбаъи мо, ҳамаи онҳоро мақомоти Туркия раҳо хоҳанд кард. Барои мисол як нафареро, ки тамоман дар сиёсат ва ҳизбу гурӯҳҳо алоқа ва дахл надорад, масалан ҳоҷӣ Умарро ҳам бо дархости Шоҳрух Саидзода дастгир кардаанд. Гап сари он меравад, ки баъди «шеф» шудани Шоҳрух тамоми феҳристи афроди таҳти ҷустуҷӯ тариқи Интерполро нав карданд. Ҳоҷӣ Умар фақат тасбеҳу ҷонамоз мефурӯшаду халос. Ба касеву чизе кор надорад.Таблиғиҳо, маълум аст, ки ҳамеша мегарданд, якҷо намешинанд. Корашон ҳамин аст. Онҳо мераванд барои корҳои таблиғии худ, аз 7 рӯза ,то 20 ва чила ва чор моҳа ҳам хуруҷ мекунанду даъват мекунанду мегарданд. Ин усули даъвати ин ҷамоъа аст . Онҳо аз барои худо, сирф холисанлиллоҳ ба таблиғ машғул мешаванд, бидуни ҳарфе задан аз сиёсат. Ҳатто то охири хуруҷашон бо ҳамсару кудаконашон гап намезананд.

Сӯҳроби Зафар, роҳбари «ГР-24»-ро наёфтанд. Яке аз шогирдонашро қапиданд, вале чуноне гуфтем, озод шуд. Ба ҳамин тариқ феълан10 нафар таблиғиҳоро тавонистанд, ки маҳкам кунанд. Шоҳрух, сахт воҳима карда истода буд, ки бубинед, чихел кор карда истодаам. Боздоштгоҳҳои Туркияро аз хоинони миллати тоҷик пур кардам. Аммо раҳоии Насим Шарифов ба сари шодиву хурсандии вай сатили оби хунук рехт. Ва, гуфта мешавад имрӯзу фардо он нафарони таблиғӣ ҳам раҳо хоҳанд шуд. Вакилони мудофеи онҳо гуфтаанд, ки ҳеҷ яке аз онҳо экстрадитсия намешаванд. Чуноне гуфтам инҳо «спискаи розиск»-ро барои соли нав «обнавит» карда буданд. Набошад ин одамҳо дубориву себорӣ ғалтидаву сафед шуда баромадагианд. Инҳо қарори суд доранд. Адвокатҳояшон гуфтаанд, ки ҳамаашон давоми даҳ -бист рӯз озод мешаванд. “Ҳеҷ гуноҳ бор карда наметавонанд”.

Шоҳрух дар Русия

Шоҳрух Саидзода дар соли гузашта дар Русия муваффақ ба боздошту истирдоди чанд тан аз мухолифону мунтақидони режими Душанбе шуд. Намояндаи «ГР-24» дар Русия Раҳматҷони Маҳмадҷон нимаи дуввуми моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав дастгир ва сипас ба Тоҷикистон мустарад шуд, ки баъдан додгоҳи Душанбе ӯро ба 20 сол равонаи зиндон кард. Дар ҳоле ӯ шаҳрванди Русия буд вале шаҳрвандӣ судаш накард.Дар моҷарои ин узви «Гурӯҳи 24» ин нукта баҳсомез буд, ки ҳамтои русии Шоҳрух Саидзода дар як посухи катбӣ ба Сӯҳроби Зафар, роҳбари ин гурӯҳ мегуфт, ки Раҳматҷони Маҳмадҷон дар Русия ғайриқонунӣ зистааст, аммо алайҳи вай кадом тафтишоте сурат нагирифтааст вале вай 18 май тарки Русия кардааст. Албатта, ки Раҳматҷони Маҳмадҷон бо хоҳиши худ тарки Русия намекард ва яқин аст ки ӯро доштанду таслим намуданд. Чун мақомоти фосиди Русия ин гуна муомила бар сари шаҳрвандони тоҷикро на як бору ду бор анҷом додаанд.

«Бо айни ҳамин шева Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқҳои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия  боздошт ва сипас ба ватан истирдод шуд ва Додгоҳи Олӣ ӯро барои 9 сол аз озодӣ маҳрум кард.»

Онгуна ки ба Туркия гурӯҳи ходимони милисаро эъзом кард, айни замон намояндаҳои ВКД-и Тоҷикистон ба шаҳрҳои зиёди Русия фиристода шудаанд. Онҳо расман барои ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ, кумак барои назорат бар фаъолияти муҳоҷирон, диаспораҳо, созмонҳои фарҳангиву иҷтимоии тоҷикҳо дар Русия истихдом шудаанд. Аммо ҳадафи сафарҳои кории онҳо тамоман дигар аст, ки ҳатто мақомоти дохилии Русия ҳанӯз аз он пай набурдаанд. Пешопеш бигӯям, ки як ҳадафи фиристодани ходимони Раёсати кофтукови ҷиноӣ ба Русия ин аст ки дар Тоҷикистон барои онҳо «нон» нест. Вале инҷо ҳадаф «доля» бастани бизнесменҳои тоҷики қаламрави Русия аст. «Доля» бастан, дақиқ кардани мавқеъу дидгоҳи иҷтимоии онҳо, ки бо мухолифин ҳастанд, ангеза ва таҳаррукоти зиддираҳмоновӣ доранд, ба сиёсат «қуш»-анд ё хайр ва дар сурати таъйиди ин занну гумонҳояшон шикасту нобуд кардану депорт кардану иттиҳом задани онҳост. Ҳадафи асосии Шоҳрух ва Рустаму падараш ҳамин аст, таҳти контрол гирифтан ва бар манфиати худу режими худ истифода кардани бизнесменҳои пулдори тоҷик дар Русия, ҳатто агар онҳо шаҳрвандии Русияро ҳам ба даст оварда бошанд. Онҳо набояд изн ва имкон диҳанд, ки дар Русия аз ҳисоби тоҷикҳо шахсиятҳо ва лидерҳо пайдо шаванд. Бояд на танҳо дар дохили кишвар, дар Русия ҳам гап гапи Рустаму падараш бошад. Касе пули зиёд дорад «доля» мебанданд. «Воля»-и 100% дода шудааст: «Ту пулдор ҳастӣ», шантаж мекунанд. Барои мисол мегӯянд, ки моҳона 1 миллион рубл оварда медиҳӣ. Вагарна депортат мекунем. Айни замон бачаҳои Хабаровскро шантаж карда истодаанд, тарс дода истодаанд.

«Аз ҷумла як нафари бизнесмени тоҷикро,ки аз Ҳисор асту 30 магазини калон дораду номаш ҳам Ҷунайд аст,хеле азоб дода истодаанд. Ҳамчуноне Раҳими ғармиро ҳам хеле зиёд ғорат кардаанд. Ҷунайдро 10.000.000 рубл «доля» бастаанд. Барои онҳо шантажу иръоб 2Х2 аст. Як «запрос» ташкил мекунанд, то онро мақомоти Русия баррасиву бозҷӯӣ мекунанд, тиҷорати ин афрод талаву тороҷ мешавад. Худи онҳо ба ҳадде таҳти фишор қарор дода мешаванд, ки ҷуръати даъво ба мақомоти Русияро ҳам намекунанд.»

Аммо, манбаъи мо тавсия медиҳад, ки бизнесменҳои тоҷик бояд ба мақомоти Русия воқеиятро дар як номаи муфассал бифаҳмонанд ва худро асири ин дастаи ҷинояткор қарор надиҳанд. Вагарна ҳар кадоми онҳоро ҷудо-ҷудо мешикананд. Чунки ин гурӯҳи ташкилкардаи Шоҳрух Саидзода ҳадафи ниҳоияш ҳамин аст. Пулҳои онҳоро бо ҳар роҳе ғасб каран ва оқибат худашонро бо ягон гуноҳи сохтае шинонидан аст. Бизнесменҳо бояд ҳамаашон эҳтиёт кунанд, ки ин нақша дар ҳоли иҷро шудан аст. Аз Каромат Шарифов шурӯъ шуда буд ва Иззат Амон ҳам кори дасти ҳамин гурӯҳ аст. Агар дар ёдатон бошад дар оғози сол эълон намуда будам,ки то охири марту апрел 22 нафар истирдод мешаванд. Магар чунин нашуд? Ҳамаатон шоҳиди ончи гуфта будем будед. Танҳо Иззат Амонро аксарият медонед, чун бештар бозтоб ёфту расонаӣ шуд. Аммо афроди зиёди дигар истирдод шуданд, ки номҳо ва мушаххасоти онҳо дар “Ислоҳ” мавҷуд аст. Агар хоста бошанд ном ба ном ва чи гӯна дороиҳояшонро гирифтанду баъзеро раҳо ва бархеро зиндонӣ ва бархеи дигарро бузи худашон кардаанд. Ин ҳам дақиқан ҳамон проекти оғози соли 2021 вале бо шевои Шоҳрухи бачаи Фатоҳ Сайиди ба ҳама маълуму ҳувайдо модари интригаҳои махуф аст.

«Феълан Шоҳрух Саидзода тамоми талошашро бар зидди бадахшониҳои Русия равона кардааст.Тазоҳуроти сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар рӯзҳои гирдиҳамоии ахири бадахшониҳо дар моҳи ноябр дар Хоруғ, гӯиё Шоҳрухро барои муқобила бо бадахшониҳои Русия шӯронидааст.»

Манбаъи мо мегӯяд, ки ному насаби бадахшониҳои соҳибнуфуз дар Русияро номнавис карда ва ҳар яке аз онҳоро алоҳида «омӯхта» истодааст. Дар ин кор вай аз хидмати бузҳояш, ки ҳоло хеле зиёд шудаанд, истифода карда истодааст. Дар шумори «бузҳо»-и асосӣ ва «ключевой»-и Шоҳрух  Абдусамад Абдураззоқов, ки бо номи Ҳоҷӣ Самад маърӯф аст, дар боздошту истирдоди марҳум Каромат Шарифов роли асосиро бозидааст ва нафаре дигар, ки худро бизнесмен метарошад:-Баён Олимов, ки бо мусоидати ҳамин нафар Иззат Амон дастгир ва ба Душанбе экстрадитсия шудааст, мақоми хос доранд ва имшабу рӯзҳо хеле фаъол шудаанд. Бинобар маълумоте, ки мо дорем Баён Олимов аз ноҳияи Айнӣ аст. Вай дар гузашта ёрдамчии Асадулло Ғуломов будааст ва аз ин ҳисоб бо Акбари писари Ғуломов, раиси ширкати тавлиди сементи «Ҳуаксин семент»  шинос шуда ва тавассути ҳамин Акбар бо Шоҳрух робита пайдо кардааст. Вай 150.000 доллар додааст то дар ҷойи Мирзомуддинов Сайидбег, раиси ҲХДТ дар Русия шавад. Ҳеҷ нафаҳмидем,ки чӣ гӯна як ҳизб дар хориҷ аз қаламрави кишвар фаолият анҷом диҳад. Аммо ин ҳукумати «Пешво» аст ва ҳама чиз шуданаш имкон дорад. Вагарна ҳеҷ қонуни кишваре фаолияти як ҳизби давлати дигарро дар қаламрави худаш иҷозат намедиҳад,агарчи ҳизби ҳоким ҳам бошад. Ба ин кор ӯро Абдусамад Абдураззоқов маъруф ба ҳоҷӣ Самад ёрдами молӣ карда истодааст.

«Дар бораи Баён Олимов ва ҳоҷӣ Самад дар зудтарин фурсат як матлаби муфассал тақдими шумо хоҳем кард. Аммо ҳоло ҳамин қадарро бояд бидонем,ки Баён Олимов ба ҷуз аз помириҳои пурнуфузи Русия ҳамчунин рӯихати шахсони пулдор ва таъсиргузори тоҷик дар Русияро омода карда истодааст. Ин рӯйхат барои Шоҳрух Саидзода фиристода мешавад ва чуноне гуфтем Шоҳрух ҳоло бештар доира ва доманаи фаъолияташро ба Русия кашонидааст.»

Мо,то чи ҳад ба воқеият наздикӣ доштани ин хабарро наметавонем тасдиқ ва ё такзиб кунем. Ҳангоми омода намудани матлаб манобеъи “Ислоҳ” аз таҷамуъи ашхоси бо нуфӯзи Тоҷикон дар Москав чунин хабареро расониданд,ки дар ин ҷаласа ширкат доштаанд. Сафири Тоҷикистон дар Русия Гулмаҳмадзодаи диссернетӣ, Тоҷиконро ҷамъ оварда ва мехостааст як Диаспораи сохта ва зери чатри сафорат ташкил намояд. Мехостаанд, ки Абдусамад Абдурразоқовро ба он раис гузоранд. Ҳадаф аз ташкили ин Диаспора ҷойгоҳи холии Иззат Амонро касб намоянду муҳоҷирони тоҷикистониро идора ва роҳбарӣ намоянд,то бар зидди «сиёсатҳои хирадмандонаи пешвои миллат» нараванд. Ба гуфти манбаъи мо на он корҳоеро, ки Иззат Амон мекард балке ба он корҳое Доктор Абдулло Давлатов дар “Союз таджикистанцев в России»  ё “Иттиҳоди тоҷикистониён дар Русия “ дар гузашта анҷом медод ва ин иттиҳодияро Сафири собиқи Тоҷикистон дар Русия Абдумаҷид Достиев барҳам дода буд, онро ду бора таъсис диҳанд. Муваффақияти ин иттиҳодия ё диаспораро ҳолдонҳо начандон муфид медонанд. Чун, ки ин як чизи сохтае аст, ки ба дарди муҳоҷирон дар ҳоли ҳозир намехурад. Муҳтавои ҷаласаи Сафорат ва дигар масоиле, ки дар он гузашта аст, ҳатман тақдиматон хоҳем намуд.

Ташкил ётарҳи куштор дар Русия

Тибқи маълумотҳои гуногӯне,ки ба “Ислоҳ” дар мавриди амалкардҳои Шоҳрух Саид дар Русия  расида яке дигараш ин аст. Як ҳадафи дигари Шоҳрух Саидзода ва намояндаҳои фиристодаи вай ба Русия Илҳом Шокиров тоҷири сарватманди тоҷик аст, ки гӯиё Владмир Путин маҳз ӯро ба ҷойи Эмомалӣ Раҳмонов оварданӣ аст. Шоҳрух бояд ин нафарро бо ҳар роҳе набошад аз байн барад, ҷисман нобуд кунад. Барои ҳамин вай бо чанде аз милисаҳои баландмартабаи яке аз манотиқи қафқоз гӯиё гуфтугузор пеш бурда истодааст барои ёфтани як «киллер»-и касбӣ.

Гурӯҳи махсуси деверсионӣ дар итоати Шоҳрух

Шоҳрух ҳануз баъд аз чанд вақте ки сардори Раёсат шуд, бо маслиҳату машварати Рустами Эмомалӣ як гурӯҳи махсусеро аз ҳисоби кормандони гурӯҳи «Алфа»-и Кумитаи амният ва «6-ой» «отдел»-и вазорати дохила ташкил дод ва барои онҳо дар Қулписта, мақарри воҳиди низомии марбути генерали марҳум Сӯҳроб Қосимов ва низ дар дараи Варзоб маҳалли зисту тамрин бунёд кард. Хабарҳои дарёфтӣ аз он мегӯяд, ки ин гурӯҳ дар ибтидо ҳудуди 40 нафар буд, аммо ҳоло бамаротиб афзудааст ва онҳо маошҳои аз 10.000 сомонӣ боло мегиранд ва барои омӯзишу машқи онҳо инструкторҳо аз Исроил даъват шудаанд. Ин афрод амалҳои диверсионӣ, таркишҳо, кушторҳо ва аз ин қабил тактикҳои ҷанги дар шароити осоиштаро омӯзиш мебинанд. Гуфта мешавад ҳам дар таркиби ҳайати эъзоми ба Туркия ва ҳам ба Русия чанд нафар аз аъзои ин гурӯҳ низ фиристода шудаанд.

Як миллион доллар барои истирдоди Тоҷикон аз Русия ба УУР ҷудо шудааст

Маълумоти оперативии дигар аз ВКД ба “Ислоҳ” дар мавриди истирдодҳои тоҷикон аз Русия чунин омадааст: “як миллион доллар барои истирдоди ҷавонони Тоҷик ҷудо шудааст ва барои ҳар нафар даҳ ҳазор доллар бояд масраф карда шавад, то бе сару садо истирдод шаванд.”

Ҳангоме аз манбаъ пурсидем ин маблағи даҳ ҳазор доллар  барои чӣ бояд сарф шавад ?

Манбаъ афзӯд: “масалан як маълумот аз нафаре мерасад аз бузҳои УУР дар Русия ба ин ниҳод барои он,ки мақомоти фасодзадаи Рус ҳеҷ мушкиле эҷод накунанд, масалан напурсанд бо кадом сабаб ва иллати боздошту истирдодро ва талаби ҳалномаи додситониро,  бояд барои напурсидани онҳо ин мабалғ масараф шавад ва он шахс ба Тоҷикистон истирдод шавад.”

Инчунин аз додситони варақҳои муҳрзада омода дар дасти ин афроди Шоҳрух Саид дар Русия алакаи вуҷуд дорад. Танҳо ному насаби ҳар шахсеро хоҳанд менависанду ӯро истирдод менамоянд. Инчунин афроди сармоядори Тоҷикро аввал ному насаб ва комилан мушаххасоташонро мефаҳманд ва сипас ному насабашро дар он варақи додситонӣ менависанду рафта нишонаш медиҳанд. Мегӯянд агар нахоҳед истирдод шудан, фалон миқдор маблағро ҳар моҳ ва ё як бор  медиҳи ба мо ,шуморо истирдод намекунем.«ҳамаш дасти худмондаҳаи» Доштани шаҳрвандии Русия ва як шаҳрвандӣ ҳатто барояшон ҳеҷ аҳамияте надошта будааст.

Тибқи маълумоти ин ҳафта  ба «Ислоҳ»  расида: » 13 нафар Исфарагиҳо ва 17 нафар аз манотиқи гуногӯни кишвар, ки дар Русия буданд ба Тоҷикистон дақиқан бо ин шево истирдод шудаанд. Ҳатто ин истирдодҳо расонаӣ нашудаанд.  Пули ҷудо шуда дар ин самт кори худро кард гӯем ҳам хато намекунем. Танҳо Амриддин Аловатшоев расонаи шуда асту тамом. Иллаташ аз Бадахшон будани ӯст,ки дар ҳол аз боздошташ хабар нашр шуд. Аммо ҳеҷ адвокате натавонист монеъи истирдоди ӯ шавад.»

Онгуна ки гуфта шуд, Шохрух Саидзода бар зиди наркобизнесҳо чанд амалиёт гузаронида аз ҷумла «бачаи кампир»-одами наздики СС.Ятимовро дастгир кард. Мақсади Шоҳрух ин аст ки ин тиҷоратро гирифта ба ихтиёри Рустами Эмомалӣ диҳад. Шоҳрух он наркобизнесхоеро дастгир карду карда истодааст, ки онҳо солҳост дар Русия территория ва одамҳои худро доштанд. Онҳо ба афроде мисли Ятимов ва ё Рамазон Раҳимзода фақат «доля» медоданду халос. Маводди мухаддир тӯли ҳафта мерафт Русия ва баъд аз як ду як ҳафтаи дигар то Испанию Италия ва аз онҷо ба дигар кишварҳои Аврупо. Ҳамаи ин маблағҳо тавассути «Спитаменбонк»-и Озодаи Раҳмон табодул мешуданд. Ҳоло авзоъ ранги дигар гирифт. Фурӯши маводи мухаддираро танҳо Рустам ва Зоири язнааш зери контроли худ гирифтанд яъне 70% клани данғарагихо ва 30% клани  қурғанихо. Дар ташкил ва иҷрои корҳои ин сет Шоҳрух Саид нақши муҳим дорад. Ба восиати Далер Давлатов, полковники гумрук бе мамоният аз сарҳад мегузаронад, ба воситай Фарҳод Камолзода «эшелон смерт»-и то шаҳри Екатеринбурги Русия меравад ва онҷо бошад Раҷабали Баёнов бо лақаби «чербака» бо ёрдаму дастгирии сардори дастаи А. Д маводи мухаддираро ба тамоми вилоятҳои Русия ва то ба Аврупо интиқол медиҳанд. Инро ҳам бояд тазаккур бидиҳам, ки ана ҳамин А.Д Иззат Амонро қапида ба мақомоти Тоҷикистон супоридааст. Вазифаи навбатии А. Д «безарар» гардонидани Илҳом Шокиров аст. Нафаре, ки аз одамҳои наздики путин ба ҳисоб меравад.

Як бозии дигарии Шоҳрух ва Рустам дар ин авохир ин аст ки Шодӣ Ҳафиз, шавҳари хоҳари Рамазон Раҳимзода ва сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккилона (УБОП)-ро зоҳиран ба самти худ кашидаанд. Барои он ин корро кардаанд, ки Шодӣ Ҳафиз ба корҳои Шоҳрух халал нарасонад. Додани унвони генералӣ ба Шодӣ Ҳафиз як манёври сиёсӣ буд, ки бовар кунад ба ӯэътимод доранд ва вай ҳам узви тими Рустами Эмомалӣ аст: «ту ҳамроҳи моӣ ва туро мо дар қабатмон мегирем». Манзурашон ин аст ки Шодӣ Ҳафизро аз Рамазон Раҳимзода ҷудо кунанд ва дар доираи манфиатҳои худ истифода кунанд. Шоҳрухро то ба ҳадде воля додаанд, ки аз пушти СС.Ятимов ҳам «слежка» карда ва баъзе аз маълумотҳоро аз болои вай ба Эмомалӣ Раҳмонов додааст. Чунки Шоҳрух бо Эмомалӣ Раҳмонов «доступ»-и мустақим дорад ва ҳар гоҳе бихоҳад ба манзили зисти Раҳмонов ҳам меравад. Эмомалӣ Раҳмонов Шоҳрухро «писархонд» кардааст ва ҳатто ҷашни рӯзҳои таваллуди ӯро на як бору ду бор ташкил ва аз ҳисоби худаш баргузор кардааст. Дар мавриди шиносоии Шоҳрух бо Раҳмонов дар матолиби оянда мегӯем ва онро хубтар онҷо баён хоҳем кард.

Шоҳрух! Биё, биё, мунтазират ҳастем. Биё, ку бубинем аз дастат чӣ меояд? Ин ҳама шаш соли расо СС.Ятимов зӯр зад, ҳатто як навбат муваффақ ба дуздии Шарофиддин Гадоев шуд, вале шармандаву рӯсиёҳи ҳарду олам шуда чору ночор раҳояш кард, аз дасташ чизе наомад. Миллионҳои бюҷети мамлакат, пули халқи қашшоқро чошу барчош карда, Эмомалӣ Раҳмонову Озодаву Рустамро фиреб додаву гӯл задаву аблаҳу аҳмақ карда «қариб омад, гапзанон шудагӣ, имрӯзу фардо меоремашон» гуфта, оқибат «дсто боло» ва иқрору эътироф кард, ки «неъ,нашид, натавонистум».

Эмомалӣ Раҳмонову Рустами Эмомалӣ дигар аз интизории зиёд, ки Ятимов моро дошта даступо баста мебарад, хаста шуданд ва ҳоло «эстафета»-ро чуноне фаҳмидем Шоҳрух ба даст гирифт.

Шоҳрух вориди майдон шуд: «Ана, акнун нигоҳ кунед ва мунтазир шавед, сад миллион харҷ шавад ҳам, миёрамшон. Ҳеҷ киро наёрам ҳам ҳамин Муҳаммадиқболи Садриддинро меёрам. Ҷанобу Рустам ва махсусан Озода сахт хурсанд мешаванд, гӯшҳояшон ором мегирад».

Э,й бобо! Хуш ба ҳолат. Шурӯъ кун, ки дер нашавад. Вале, то он лаҳза, ки «буқапиву бубаримон,ман сокит намемонам ва менависаму мегӯям, ки ту киӣ? Ва, агар бисёр ҳам гузаронидӣ аз саргузашти шӯрангези падарат Абдуфаттоҳи Сайид, собиқ раиси Хадамоти гумрук, собиқ раиси Ожонси мубориза бо коррупсия, дӯстиву рафоқати танготангаш бо капитан Умед Камолов, ки ҳоло дар ҳоли фирор дар Туркия ба сар мебарад, агар одам бурданӣ ҳасти аз Туркия шуйи отата бар катит охир Шоҳрух. Отат дар 13 ҳазор доллар ҷарроҳи шуданаш боз омад корҳояшро давом дод ва интизори Умед аст.  Инчунин аз Коллеҷи тиббии Умед Камолов, ки як макони саропо ҷинояту ҷинояткорӣ аст ва низ аз худату иллати аз занҳоят ҷудо шуданатро қиссаву ҳикоятҳое ҷолиб ба дасти мо расидааст, ки маайда –майда ва ба гуфти эрониҳо явош-явош нашру пахшашон мекунам. Танҳо аз ҳама интригаҳои падарат Шоҳрух 150 сафҳа маълумот дорем,ки тақрибан 12 филми бисёр сериягӣ мешаванд ва ҳар рӯз онҳое маълумотҳоро бароямон ирсол намудаанд мепурсанд,ки кай нашраш мекунед? Аммо , то имрӯз коре накардем вале ҳамааш омодаи нашранд. Танҳо ман аз нашри ин сериял монеъ шудаам. Аммо хуб бидон ва огоҳ бош,ки ҳатто марги ман сабаби шармандагии бештари ту,на танҳо дар Тоҷикистон балке дар тамоми олам мегардад. Ту бояд ҳамеша дуъои маро куни,ки сарам дард накунад. Чун,ки кнопкаи нашр пас аз ман, дар дасти афроде хоҳад буд, ки аслан бо ту мудоро намекунанд!

Шоҳрух !Роҳи моро ба самти ватан шумо буридаед. Маҳкум ва маҳруми хонаву дарамон кардаед. Ва, ҳоло ҳатто дар ҳамин дори ғурбат ҳам изн намедиҳед, ки ҷонамон, ҷони фарзандонамон, осуда бошад. Худи Аврупо ба шикори мо, киллер роҳӣ кардаӣ. Мо, аз ин тарафи корат ҳам дарак дорем ва мақомоти марбутаи кишваре, ки дар он буду бош дорем ҳам аз ҷузъиёти он панҷ нафар хуб  бохабаранд»!

Поёни бахши аввал,идома дорад бо “Ислоҳ” бошед,то аз ҳама моҷароҳои рангини Шоҳрухи бачаи кали Фатоҳ Сайид бо хабар шавед!

P.S

Ин бахши аввали матлаби мо дар бораи Шоҳрух Саидзода буд. Агар боз ҳам ҳама ончӣ ба «Ислоҳ» расидаро инҷо меовардем хело тулонӣ мешуд. Дар бахшҳои баъдӣ низ ҳикоёти ҷолибе аз ин кадри ояндадор, «вазири ояндаи МВД-и ҳукумати Рустами Эмомалӣ ва ё раиси КДАМ-аш» нашр хоҳем кард. Шумо ҳам чизе доред, ирсол доред, то ҳарчи рангинтар ва шӯрангезтар навишта ва тақдим бишавад.

Сообщение Нақшаҳои шум ва ҷиноятҳои полковник Шоҳрух Саид дар дохил ва хориҷ    появились сначала на ISLOH.net.