Архивы Шукурҷон Зуҳуров - ISLOH.net

Файзалӣ Идизода кист, раис ё хоҷасарои Маҷлиси намояндагон?
Наздик ба як моҳ мешавад, ки Файзалӣ Идизода, вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб шуд. Бидуни зикри хос ҳам, ҳар яке аз мову шумо хуб медонем, ки корбурди истилоҳи «интихоб» инҷо ноҷост, чун вай бо кӣ дар рақобат қарор дошт ва киро дар мубориза барои курсии раиси Маҷлис шикаст дод ва оё дар воқеъ рақиб дошт ё хайр, торику норушан аст. Барои ҳамин «таъин шуд» бигуем дурусттар ва возеҳтар хоҳад буд.

Аслан худи ҳамин интихоботи ахири Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳаллӣ чи маъракае буд, кадом наздикӣ ва шабоҳат ба як интихоботи воқеиро дошт? Шуморе аз аъзои тими «Ислоҳ», ки дар бархе аз ҳавзаҳо, аз ҷумла Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа ва ҳамин Раштро назора мекарданд, гуфтанд як чунин интихоботи ҷаъливу сохтаро пеш аз ин дар торихи интихоботҳои гузашта ба ин шакл аслан шоҳид нашуда буданд.

Як интихоботи бесарусадо, интихоботи бешавқу шур, интихоботи мурда, интихоботи сурат ё шабаҳи интихобот, интихоботи мазоҳу масхараи интихобот, интихоботи беғавғову бебаҳсу бемубориза, як интихоботи сокиту лол ва бемазаву беранг буд. Гуё чизе рух надода буд, як рӯзи маъракаи бузурги сиёсӣ, як рӯзе, ки биравам ба номазди мавриди назарам раъй бидиҳам, набуд. На рӯзи интихобот ғайримаъмулӣ буд ва на то рӯзи интихобот, кадом корзори пеш аз интихоботӣ ҳам набуд.

Ин тавр, ки ҷаласаи мулоқот бо интихобкунанда дошта бошад, ин тавр, ки гурӯҳҳои таблиғу ташвиқ бошад, ин тавр, ки шахсони боваринок дошта бошад, ин тавр, ки аҳзоб нозирон дошта бошанд, ин тавр, ки хабарнигорон ҷараёни онро мунъакис кунанд, на аз ин даст ҳарфу ҳадиси интихоботӣ чизе набуд, балки ҳеҷ чизе набуд. Мардум гуё ба мурдахона мерафтанд. Мурдахона барои таслият ва таъзия. Ин тавр, ки номзад барномаи пешазинтихоботӣ дошта бошад, ин тавр, ки аз мардум даъват ба амал оваранд, ки ба ман овоз диҳед, набуд. Мунтаҳо як бозие бо интихобот буд. То ҳамин ҳад интихобот таҳқир ва тавҳин шуда буд.

Як нафар аз мушоҳидони мо, ки аз Душанбе гузориш медод гуфт, ҳатто масъулони қитъаҳои ахзи раъй, ки умдатан аз муаллимон иборатанд, ба ҳоли худу халқи тоҷик механдиданд.

Ҳамчуноне интихоботи маҷлис беобруву беобуранг буд, раиси Маҷлис ҳам ҳамин тавр як нафари ношинохта номаълум ва нонамоён аст. Кӣ ба ӯ  ҳариф буд ва вай чи миқдор раъй ба даст овард низ на фақат дар масъулияти спикерӣ дар вақти интихоби вакил ҳам номаълум. Барои мисол раисони пешини Маҷлис, ки ғармиҳо мешаванд вақти пешбарӣ аллакай маълум менамояд ки одами боло аст. Ин ҳам одами боло аст аммо маслан на Сайдулло на Шукурҷон ва ҳатто на ҳамин Маҳмадтоир Зокир аст. Маҳмадтоир Зокир хеле вазифаҳоро тай зад. Дар истеҳсолот кор кард.Тартиб дошт.

Кор ба ҷое кашонда шудааст, ки бархе аз номзадҳо дар маҷолиси барои мисол Шурои ҷамоа, ки исмашон вориди барга шудааст, масалан нафареро, ки барои раиси ҷамоат ё котиби ҷамоат рақиб сохтаанд, аслан хабар надорад, ки исми вай ба унвони номзад дар бюллетен навишта шудааст. Масалан дар як қитъаи Исфара нафаре, ки ба расис рақиб аст, ки  7 сол пеш куч баставу  феълан дар Русия ба сар меарад. Ё он муаллима, ки исмашро дар барга сабт кардаанд, бо шавҳараш дар Файзобод зиндагӣ дорад. Интихоботу Маҷлису вакилро он қадар забуну залилу заифу беманзалату беқадру беарзиш, латтапора, куҳнакола, ҳиҷчи, тамоман ҳиҷчи карданд, ки кас намедонад чи бигуяд?

Дар ҳоле як чунин интихобот баргузор карданду Маҷлиси намояндагон сохтанд, табъан, ки раиси ин Маҷлис ҳам ранги худи ҳамин интихобот хоҳад буд. Аммо, ба ҳар ҳол, ончуноне гуфтем, наздики як моҳ мешавад, ки ин ҷаноб спикери парлумон, нафари якум баъд аз ду намояндаи Оила дар иерархияи ҳокимияти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, на звуке, на ҳарфе, на нишону на аломате.

Парлумон-Маҷлис дар тамоми кишварҳо пурғавғотарин аркони ҳокимият аст. Чун аз намояндаҳо иборат аст, дасти як кас нест, дасти даҳҳо ва дар Тоҷикистон 63 кас аст.

Файзалӣ Идизода амалан ва қонунан роҳбари саввум, раиси яке аз се шохаи ҳокимияти марказӣ шуд ва барои мисол ризои Худо бар ин бошад, ки нафари якуму дуюм дучори сонеҳаи нақлиётӣ, ҳавоӣ, мавриди теракт, хонаашон оташ  гираду успет накунанд ва сухтаву хокистар шаванд, Худо бихоҳаду Рустам чизеш бишаваду Раҳмонов сактаи қалбӣ ва ҳамзамон мағзӣ бигирад, корношоям шаванд, хулоса ҳодисае бишаваду Раҳмонову Рустам несту нобуд шаванд, ҷаноби Идизода тибқи Қонунӣ асосӣ и.в раиси ҷумҳурӣ мешавад. Аммо, сусту фулуст, лолу гунг, карахту шахшуда аст. Баъид аст ки чунин ангеза ва амбитсия дошта бошад. Раҳмонов ӯро ҳатто дар минбари наврузӣ дар бари худаш ва Рустам роҳ надод, ки ҳамроҳ бо Рустам ба арғиштҳои раққосаи рақами 1 каф мекуфт.

Ҳоло, биёед бигзарем аз рақибони интихоботии вай дар худи ҳавзаи Рашт ва низ дар курсии спикери парлумон, ки натавонистем пайдояшон кунем, чун аз онҳо дар ҳеҷ ҷое ном бурда намешавад, аммо саволи матраҳ ин аст, ки худи Файзалӣ Идизода кист?

Чунки қаблан на номашро шунида будему на мансабу собиқаи кориаш дар мақомоти давлатиро медонистем. Танҳо  исми хонаводагии вай-Идизода, барои мо «Ислоҳ»-иён ва хонандагони ҳамешагии мо шинос метобаду бас. Дар ҳақиқат дар бораи Идизода қаблан навишта будем, аммо вай Идизода Зарина, раиси Рашт (Ғарми собиқ) мебошад ва ҳоло бароямон рушан шуд ин ду хоҳару бародар будаанд. Акнун Ғарм дар дасти ҳамин хоҳару додар аст. Зарина, раиси Рашт ҳам соли гузашта ба ин мақом даст ёфтааст. Тибқи хабарҳо Файзалӣ Идизода дар парлумони қаблӣ ҳам вакил будааст. Аммо аз куҷо ва кадом ҳавза интихоб шудааст, низ номаълум ва маҷҳул аст.

Нукта ва пурсиши асосӣ ин аст ки иллат ва омили овардани як чунин шахси барои маҳофили сиёсӣ ва ҷамъияти кишвар ба курсии раиси Маҷлиси намояндагон яке аз се шохаи ҳокимияти давлатӣ, шохаи олии қонунгузорӣ чӣ аст ва чӣ буда метавонад? Посухи ин саволро аз сиёсати ба зоҳир «ҷавонгароӣ»-и Раҳмонов вале дар асл ба итоати бечунучарои Рустам, ки то чанд фурсати дигар дар ҷойи худи Раҳмонов хоҳад омад, даровардани тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ метавон пайдо кард. Инҷо Раҳмонов ба ҳайси як диктатори пуртаҷриба ва муғамбир саъй дорад, кадрҳоеро дар аркони давлат ҷосозӣ кунад, ки таҳти шуоъ ва сояи Рустам буда бошанд ва Рустам аз ҳар лиҳоз аз онҳо яксару гардан боло ба назар расад. Яъне ҳама таҳаввулу таҷаддуд дар чаҳорчуби пиёдасозии барномаи интиқоли қудрат сурат бигирад.

То кунун ҳеҷ яке аз раисони Маҷлиси намояндагон камтар аз 55 сол син надоштанд ва то инки дар курсии раиси Маҷлис шинонида шаванд, бо онҳо ҷомеаи кишвар ошно буд. Аммо Файзалӣ 48 сол дорад. Як нафари номаълум ва ноошно. Ҷомеаи кишвар аз вай аслан шинохте надорад.

Раҳмонов барои онки Рустамро бисозад ва бисабзонад ва бинамоёнад, бояд дигарҳоро бишканад ва хушконад. Ин дигарҳо метавонад ҳар касе бошад, масалан Фаромуз Иргашев, ки ҳануз дар интихоботи 2020 эълон кард, ки рақиби интихоботии Раҳмонов ва дар интихоботи баъдии раёсати ҷумҳурӣ ҳам муддаии ин курсӣ мешавад. Раҳмонов Фаромузро маҳз барои ҳамин даъвояш зиндони абад кард. Тамоми аъзои ҳукумат ва мансабдорҳо камтар ва поинтар аз Рустам бояд бошанд. Аз ҳар лиҳоз тавре бошанд, ки мардум гумон кунад, боз Рустам аст ки аз онҳо як сару гардан боло аст.

Аммо Идизода ва афроде амсоли вай дар ягон ҳолат чунин баёниву изҳороте нахоҳанд дод. Тарҷумаи ҳол ва роҳи тайнамудаи вайро дар сарчашмаҳои бози интернетӣ мурур кунед, маълум мешавад, ки болои вай ба унвони ғармии «даркорӣ» барои Маҷлис аз чанд вақт ба ин су ангушт гузошта шуда будааст. Раҳмонов аз солҳо пеш уро «таги чашм» кардааст. Табдили зудзуди вай аз як мақом ба мақоми дигар, агарчи ба ҷуз аз сардори Раёсати маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президент, кадом мақоми муҳиммеро ифо накардааст, далолат ба ҳамин андеша мекунад, ки ӯро чанд сол аст тарошида ва арраву ранда  ва « ружду суфта» карда будаанд.

Овардани Файзалӣ Идизода, як шахси номаълум ба мақоми раиси Маҷлиси намояндагон ҳақир ва кучаку ночизсозии раҳбарони дигар шохаҳои ҳокимият дар баробари Рустам, президенти ояндаи Тоҷикистон аст. Аслу моҳияти сиёсати ҷавонгароии Раҳмонов ҳамин аст. Раҳмонов мехоҳад тавре намоён кунад, ки фақат вай ва баччаву духтари вай ҳастанд сазовор ва шоиста ва муносиб ба раҳбарӣ.

Шояд дар гушаи хиёли ин Идизода боре ҳам хутур накарда буд, ки замоне мерасад, ки вай дар яке аз се шохаи ҳокимият, ҳокимияти олии қонунгузории қонунбарории Тоҷикистон раис мешавад. Амалан яке аз роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аммо тавре гуфтем, Идизодаро ба ҳеҷ ҳолат бо пешгузаштагонаш наметавон муқоиса кард. Ҳам Сайдулло Хайруллоев, ҳам Шукурҷон Зуҳуров ва ҳам ҳатто ҳамин Маҳмадтоир Зокирзода шахсиятҳои матраҳу шинохташуда буданд. Раҳмонов бо овардани Файзалӣ Идизода гуфтанӣ ва нишон доданӣ аст, ки дар водии Қаротегин, дар Ғарм беҳтар аз Файзалӣ наёфт. Аммо на аз лиҳози касбият, на аз собиқаву пешина ва таҷриба Файзалиро бо он се нафар намешавад баробар донист ва яқинан дар сатҳи онҳо нест. Гапи он се нафар ба муовинонаш мегузашт, чун таҷрибаву малака доштанд ва салоҳияту ваколатҳои худро, ҷойгоҳи худро медонистанд, вале ҳоло Шоҳиён куҷову Идизода куҷо? Яқинан дар дасти Шермуҳаммади Шоҳиён, ки муовини аввали Маҷлис шуд, Идизода ба як игрушка бадал хоҳад шуд. Чунки балад нест. Бемуҳобо, ин раиси нав наметавонад, барои мисол як вазирро ба чолиш бикашад. Масалан вазири молия ё иқтисодро, ки тарҳи буҷҷаи давлатиро дар парлумон муаррифӣ хоҳанд кард.

Бидуни шакку тардид ин як сиёсати ҳисобшуда ва тарроҳишуда аз суи Раҳмонов ва тими хонаводагиву авлодии вай аст ки ҳамин гуна нафарони гумном, ноошно, номаълум, маҷҳул ва дар сатҳи поинтару пасттарро биоваранду дар баробари Рустам ҳақиру хурду кучак нишон диҳанд. Раҳмонов ҳамин гуна кадрҳоеро ба мақомҳо меоварад, ки онҳо дар асл патаку пайтобаву пайпоқи Рустам хоҳанд буд ва ҷойгоҳу мақоми ҷамъиятиву давлатии онҳо на бештар аз хоҷасароёни дарбори амирону шоҳони қуруни вустоӣ хоҳад буд ва онҳо дар пеши Рустам ҳамеша дастҳо пеши бар ва дузону хоҳанд буд. Рустам шери нар ва онҳо ба масобаи харгушу рубоҳу шағол корашон фақат думликонӣ мешавад.

Мақсад ва ҳадаф камтар аз Рустам нишон додан аст. Рустам давлатмард аст, Рустам давлатсоз аст, Рустам матраҳу шахсият аст, Рустам ин асту он аст. Ин дигарҳо, масалан Файзалӣ Идизодаанд.

Идизода то инки инҷо оварда шуд, чуноне гуфтем, фиргардону гирдгардон шудааст, ҳашт моҳ инҷо, даҳ моҳ онҷо, як сол инҷо ду сол онҷо. Ӯро то инки инҷо оваранд, фаҳмониданд, ки лезит намекунӣ, қуш намешавӣ, ҳеҷ гуна амбитсияе надошта бошӣ, чун барои Раҳмоно дар пеш марҳалаҳои ҳассосеву хатароваре дар роҳ аст ва «набоядам бероҳа бишавӣ».

Раҳмонов аз водии Қаротегин ҳеҷ вақт ва ба ҳеҷ ваҷҳ хотирҷамъ ва дилпур набуд ва нахоҳад шуд. Инҷо ва инҳо бо Раҳмонов ҳамхонӣ ва монандӣ надоранд. Раҳмонов инҳоро зада ҳукуматро гирифт. Раҳмонов барои инҷо-курсии мухтаси ғармиҳо, раиси Маҷлиси намояндагон бояд вафодортар аз саг ва беимонтар аз худашро бимонад. Омода бошад, ки барои вай ҳама дору мадорашро бидиҳад, кафши пову пайтобаашро билесад. Барои ҳамин Файзалӣ Идизодаро давоми чанд сол «инвару он вар» тоб дод, вале дар ягон вазифаи руғанӣ, ҳатто раиси Рашт намонд, ки дар дасташ маблағу буҷҷа дошта бошаду таъми пули калонро бичашад, фақат дар ҷойҳои барои «муаллимҳо» мегузошту мегирифт.

Масалан ба танҳо ҳамин қисмати тарҷумаи ҳоли Идизода таваҷҷуҳ кунед. «Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2020 ба вазифаи Сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то 4 майи соли 2021 дар ин вазифа кор кардааст.Аз 6 майи соли 2021 ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 14 майи соли 2021 ба ҳайси раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истодааст».

Яъне бурданду шогирди Озода монданд. «Муаллима» фаҳмонд, ёд дод, садоқат ва вафодорӣ ба Оиларо бу гушаш кард ва дар иваз зиндагии бекамбуд ва савори мошини давлатӣ ва имтиёзҳои фаровонро фаҳмонд ва фаҳмонд, ки айни хоҷасарой бояд бошад, на кам ва на беш.

Ҳамагӣ дар даҳ моҳ дар вазифаи таҳти идораи Озода кор кард. Аммо боз инҷояш ҳам ҷолиб аст.

6 майи 2021 вакил интихоб шуд, шояд дар интихоботи миёндавраӣ ва пешниҳоди ҲХДТ ва ҳамагӣ 8 рӯз пас аз вакилӣ раиси яке аз Кумитаҳои муҳими Маҷлиси намояндагон. Яъне ба ин ҳад таъҷилӣ. Нафаре, ки ҳоло моҳият ва масъулияти вакилиро нафаҳмидааст давоми чанд рӯз раиси Кумита мешавад. Ин чи маъно метавонад дошта бошад.

Бубинед, ки Маҷлис дар Қирғизистон Тошиевро даъват карду созиши марзии бо Тоҷикистонро аз вай мубаму суол кард ва ё дар Кунгра ва ё Сенои Амрико чи баҳсу баррасиҳо мешавад, масалан ҳатто дар Маҷлиси Ҷумҳурии Исломӣ (баҳси хонаводаи Қолибоф) ро чи тур пайгирӣ ва таҳқиқ мекарданд. Фикр мекунед, ки Файзалӣ бо ин шаклу шамоилу лабу лунҷи кашолу овезон СС.Ятимовро ба Маҷлис даъват карда суол мепурсад?

Як чиз аз ҳамин ҳоло маълум аст ки Раҳмонов даст ба ҷиноёти сангинтаре дар оянда заданӣ аст ва ин ҳамаро тавассути Маҷлис ҷомаи қонунӣ мепушонад. Масалан, қабули қонуни буҷҷа бо имтиёзҳои ҳарчи бештар аз пештара барои ширкату тиҷоратҳои оилаи Раҳмонов ва ё додани замин барои пойгоҳи низомӣ дар водии Қаротегин ба Хитой, хуб амсоли ин ҷиноятҳои бузург.

Як нафар аз аъзои тими «Ислоҳ» аз Рашт гуфт, иллати таваҷҷуҳи хоси Раҳмонов ба Идизодаҳо ин буда, ки падари онҳо Фузайлшо Идиев аз маъдуд ғармиҳоест, ки бо дину оин миёнаи хуб надоранд. Дар асл як инсоне буда, ки бо мусалмонӣ фосила дорад. Вай то соли 2016 раиси қитъаи интихоботии рақами 12, қитъае, ки тайи 25 соли ахир раисони Маҷлис аз онҷо вакил интихоб шудаанд будааст. Масалан Сайдулло Хайруллоев аз соли 2000 то 2010, Шукурҷон Зуҳуров аз соли 2010 то 2020 ва Маҳмадтоир Зокирзода, ки аз 2020 то 2025, раиси Маҷлиси намояндагон буданд, аз ҳамин ҳавза вакил интихоб шудаанд. Аммо Фузайлшоро соли 2016, баъд аз ҳамапурсии моҳи май барои тағйироти Қонунӣ асосӣ занбур мегазад ва бар асари заҳри ҳамин занбур чанд гоҳе руи ҷо шудаву дигар барнамехезад ва мемурад.

Ғармиҳои шинос гуфтанд, ки оилаи Идизодаҳо чоплуси висший марка, пеши пешанд. Ба аксу суратҳои Раҳмонов дастҳо пеши бар ва миёни хамида «салют» медиҳанд ва ҳар боре аз утоқҳои корӣ берун мешаванд, портрети дар девор кашоли вайро бо румолчаи киссагиашон поку тамиз мекунанд ва ҳар субҳ ҳам, ки омаданд, баъди назофати полшуяк ҳам румочаро бароварда портрети Ҷанобро гардгирӣ мекунанд. То ҳамин ҳад мутамаллиқ,  хушомадгу ва лаганбардор. Шиори Фузайлшои падари Файзаливу Зарина «бо ҳокими шаҳр созу юртаро тоз» будааст ва ҳамин мақоли хушомадгуёну замонасозонро ҳамчун васият ба фарзандонаш ҳамеша ёдрас ва талқин мекардааст.

Ин хонаводаи ҳоло акнун пеши Ғарм ду нафар ҳокимият доранд ва яке аз онҳо раиси шохаи олии ҳокимият-қонунгузори кишвар аст.

Худи Файзалӣ Фузайлшо (дар сайти мақомоти иҷроияи ҳокимияти Рашт аз Идизода ҳамин тавр ном бурдаанд-Фузайлшо) «дар фарҷоми ҷаласа риштаи суханро ба даст гирифта, ба иштирокчиёни маҷлис ҷиҳати дастгирӣ ва боварияшон изҳори сипос кард. Мавсуф, ҳамчунон, иброз дошт, ки бо тамоми ҳастӣ кӯшиш мекунад, то сазовори боварии Пешвои муаззами миллат бошад.

Зарина Идизода, раиси Рашт, бародари раиси Маҷлиси намояндагон соли гузашта, ҳодисаи 5 гулдухтари мактабӣ ва як муаллим, ки савори спринтер барои маршировка меомаданду дар натиҷаи авария кушта шуданд, пинҳон кард ва дар ҷараёни сафари Раҳмонов ба Рашт ҳам падару модарони онҳоро чанд рӯз дар подвали милисахона зер кард, то боз ягон «номаъқулӣ» накунанду табъи пешворо дар сафараш ба Ғарм малол созанд.

Як бародар дигари онҳо Идиев Фаррух Фузайлшоевич раиси нозироти андози Рашт ва бародари дигариаш, Идиев Фируз Фузайлшоевич сардори фурӯши барқи ноҳияи Раштанд. Дуруст аст ки Идиев Фаррухро ба Нуробод вале дар ҳамин мақоми раиси андоз гузаронидаанд, аммо ин чизеро иваз намекунад.

Худи Зарина дар соли гузашта раиси Рашт таъин шуд. Зарина рӯзи 12 март узви Маҷлиси Миллӣ аз водии Қаротегин интихоб шуду 7 рӯзи пас Файзалӣ, рӯзи 19 март раиси Маҷлиси Намояндагон интихоб гардид.

Сиёсати ҷавонсозии Раҳмонов ҳамин аст: заифҳо, ночизҳо, забонбарбастаҳо, дамдардарункашидаҳоро ба мақомҳо меоварад, то сари му бо Рустам мухолафат накунанд. Ғармро ба дасти апаву хоҳар супорид. Ва дар онҷо ҳам ҳукуматро хонаводагӣ кард. Иллати аслии ба ин тундӣ паймудани пиллаи нардбони мансаб ва то ба курсии спикери парлумон расидани Файзалӣ Идизода ҳамин аст. Бояд, заиф бошад, бояд, ночиз бошад, бояд забонбарбаста бошад….бояд хоҷасарой бошад.

Сообщение Файзалӣ Идизода кист, раис ё хоҷасарои Маҷлиси намояндагон? появились сначала на ISLOH.net.

Сулҳ бо ривояти дигар. Баъди чаҳоряк аср
Нақши Комиссиюни оштии миллӣ дар сулҳ

(бахши шашум)

Ҷаласаи нахустини Комиссиюни оштии миллии Тоҷикистон баъд аз зуҳри7-июли соли 1997дар Президент-оттели Маскав бо сухани муқаддимавии Гердт Дитрих Меррем, намояндаи вижаи Дабири Кулли СММ ва Евгенний Примаков, вазири хориҷии Русия баргузор шуд. Ин ду нафар аз дастандаркорони сулҳи тоҷикон барои ин муассиса барори кор хоста ва баъд устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси КОМ ва муовини ӯ Абдумаҷид Достиев, ноиби аввали раиси Маҷлиси олии Тоҷикистон кори ҷаласаро идома доданд.

Комиссиюни Оштии Миллӣ ниҳоди муштараки Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик ва ҳукумати Тоҷикистон ба манзури иҷрои қарордод ва муоҳадаҳои ҳосилшудаи раванди музокироти тарафҳо ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ таъсис ёфта буд. Дуруст аст, ки ин ниҳод кадом мақоми давлатӣ надошт, вале ба души вай ҳам масъулияти шохаи қонунгузорӣ, ҳам масъулияти иҷро ва ҳам масъулияти назорату санҷиш вогузор шуда буд. Яъне вай аз ваколат ва салоҳияти ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ бархурдор буд.

Иброҳим Усмонов, раҳбари зеркомиссияи сиёсӣ, яке аз чаҳор зеркомиссияи Комиссияи Оштии Миллӣ дар китобаш «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол» дар мавриди мақому ҷойгоҳи ин комиссиюн мегуяд:

«Солҳои 1997-2000 дар таърихи Тоҷикистон давраи муҳиме ба ҳисоб мераванд. Махсусияти ин замон аз он иборат аст ки гарчи ҳукумати Тоҷикистон бо тамоми идораҳояш ва ба таври қонунӣ ва эътирофшуда амал мекард, аммо раванди давлатдорӣ ва ислоҳоти давлатдорӣ ба суи демократикунонии ҷомеа ба қувваи дигаре низ вобаста буд ва чунин қувва Комиссияи Оштии Миллӣ ба ҳисоб мерафт….КОМ мақоми ғайриҳукуматие буд, ки дар он намояндагони ҳукумат ва мухолифин дар якҷоягӣ кор мекарданд ва дар татбиқи Протоколҳои дар раванди музокирот ба имзорасида қарори вай баъд аз ҷониби Президент дастгирӣ ёфтанашон барои тамоми мақомоти ҳокимият ҳатмӣ буд. Аз ин ҷиҳат чунин мақом дар таърихи давлатдории дунё тимсол надорад».

Қабули тарҳи қонун дар бораи афви иштирокдорони муқовиматҳои дохилӣ ва таҳияи Санади ҳамдигарбахшӣ аввалин кори амалии Комиссияи Оштии Миллӣ буд, ки шаҳодат медод ин ниҳод барои эътимодсозӣ ва мустаҳакамсозии бовари тарафҳо ба ояндаи сулҳу оштӣ ба таври ҷиддӣ ва бо як ҷаҳон умеду дилгармӣ талош мекунад.

Дар зери Санади ҳамдигарбахшӣ ҳам Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳам устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ даст монданд. Ва, ин Санад бо имзои ин ду роҳбари тарафҳои сулҳ ҳукми иҷроро гирифт. Дар ин Санад аз ҷумла таъкид шуд,ки:

«Мо(Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи Оштии Миллӣ) ҳамаи ононеро, ки дар замони ҷанг ва муқовимати сиёсӣ силоҳ ба даст гирифтанд ва муқобили ҳамдигар ҷангиданд, афв мекунем.»

Ва, дар як банди дигари ин Санад  ин ду нафар ҳам савганди садоқати худро ба сулҳ ва ҳам аҳду вафодории худро ба идомаи ин раванд чунин иброз медоранд:

«Ғазаби худо ва лаънати халқ ба ононе бод ,ки аз паси қасдгирӣ ва таъқибу озори ҳам барои аъмоле мешаванд, ки дар солҳои муқовимату мухолифат содир шуда буданд. Чунин касон маҳкум ба ҷазоанд».

Аммо, раванди ҳодисаҳо нишон дод, ки ҳам қасдгирӣ шуд ва ҳам таъқибу озор ва ҳам, мутаассифона аҳдшиканӣ.

Аҳдшиканӣ ва фишору таъқибу озор аз замони фаъолияти Комиссиюни Оштии Миллӣ дар ватан аз ҷониби Раҳмонов ва мақомоти вай шурӯъ шуд. КОМ дар дохил ба ҳадде бо мушкил ва душвориҳо рубару сохта шуд, ки худобиёмурз, устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ на як бору ду бор ба Раҳмонов муроҷиат ва номаҳо ирсол дошт, ки сари ақл ояд ва бар аҳду паймони бастааш амал кунад. Кор тавре ҷараён мегирифт, ки оппозитсиюн дигар худро бо пойи худ ба дом ва он ҳам доме пур аз тазвиру риё афканда ва роҳи берун равиашро  аз даст дода буд. Чаро, ки Раҳмонов дигар он Раҳмонови Хусдеҳ ва он Раҳмонови афтодаву дар ҳоли сарнагунӣ набуд, вай дигар тавониста буд,  ки душмани мусаллаҳ ва муқтадирашро халъи силоҳ ва дар шароити дастнигарӣ оварда буд. Муаллифи китоби «Сулҳнома»,Иброҳими Усмон, ки шоҳиди ин вазъу ҳол буд аз қавли устоди шаҳид менависад:

«Корҳо пеш намераванд ва ман низ мисли М.Ҳимматзода аз ин дилмурда шудаам. Аммо зоҳир намекунам, то ба дигарҳо таъсир нарасонад. Ман президентро намефаҳмам. Аз суҳбати мо мегурезад. Наход суҳбати мо дар сарнавишти Тоҷикистон аз сӯҳбат бо раиси Бонки ҷаҳонӣ камтар бошад. Агар ин дафъа сулҳ вайрон шавад, дигар тамоми Тоҷикистон-Душанбе низ вайрон мешавад. Мо дар ҳолате ба сулҳ розӣ шудем, ки пирӯзӣ доштем, ба Ховалинг ҳуҷум мекардем. Ин сабақ аз Афғонистон буд.»

Ҳамчунон, шояд донед, ки Эмомалӣ Шарифович ҳануз 10 декабри соли 1996 дар Афғонистон розӣ буданд, ки яке аз вазифаҳои қудратиро ба мо диҳад. Гуфтам Протокол кунем, бигзор махфӣ бошад. Гуфт, лафз ҳалол аст, ду шоҳиди муътабар дорем-ҷаноби Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд. Бовараш кардам. Сипас, 27-июни соли 1997 дар Маскав боз инро таъкид намуд. Акнун имрӯз далел меорад, ки Суҳробу Ғаффорҳо мегуянд, ки мо туро ба сари вазифа нишондему чаро ба мо не, ба оппозитсия вазифа медиҳӣ ,пас ба мо низ бидеҳ. Ман ба ҷаноби президент фаҳмонидам, ки агар онҳо зур мешуданд, қувваи мо-оппозитсия ҳоло шикастхурда мебуд ва зарурати суҳбати эшон ба мо боқӣ намемонд.

Бале, Эмомалӣ Раҳмонов ҳамзамон бо ворид кардани раҳбарияти ИНОТ ба Душанбе бо онҳо тавре рафтор ва муносибат мекард, ки гӯиё онҳо дигар касе нестанд. Ба тамоми талаботи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки худаш розӣ шуда ва имзо гузошта буд, як навъ бознигарӣ мекард ва аз ҳисса ва саҳми мухолифин коҳиш медод. Воқеият ин тавр шуд, ки неруи баранда ва ғолиб дар замони ҷанг ба ҷойи тарафи мағлуб қарор гирифт ва баракс акнун Раҳмонов амалан болои Комиссияи Оштии Миллӣ дикта ва ҳукм мекард.

«Агар устод Нурӣ мегуфту эътироз мекард, ки КОМ-ро ба унвони як ниҳоди Дастгоҳи иҷроия Президент табдил додаед ва пайомади ин ҳама шикастанҳои аҳду паймони Созишнома бар души Шумо хоҳад буд, Раҳмонов ҷавоб медод, ки вай таҳти шантаж ва ултиматум ҳеҷ гоҳ тасмим намегирад.»

На танҳо вазорати дифоъ, ки тибқи аҳду қавл ва асноди тавофуқшуда ба тарафи оппозитсион дода нашуд, балки квотаи 30% танҳо дар сатҳи мақомоти марказӣ ҳал гардид. Дар сатҳи вилоят ва навоҳӣ ҳатто 40% ҳам ба иҷро нарасид.

Дар мавриди масоили сиёсӣ, аз ҷумла иҷозаи фаъолияти аҳзоби сиёсии мухолифин ва расонаҳои мустақил ҳам Раҳмонов дигар ба найрангу талбис даст зад. КОМ қонуни аҳзобро омода ва ҷиҳати тасвиб ба ҳукумат ва Маҷлиси Олӣ пешниҳод кард. Аммо ғайримунтазира, аммо маълум, ки бо «маслиҳат»-и худи Раҳмонов Маҷлиси олӣ қонунро тавре қабул кард, ки бар тибқи он аҳзоби динӣ ҳақи фаъолият дар Тоҷикистон, ки давлати дунявист надоранд. Ин гуна мавзеъгирӣ дар ҳақиқат тамоми раванди сулҳсозӣ ва фаъолияти Комиссияи Оштии Миллиро таҳти суол қарор дод ва табъан, ки устоди шаҳид бо як изҳороти шадидуллаҳн амалкарди ҳукуматро ба боди интиқод кашида ва ба СММ ва кишварҳои Гурӯҳи тамос, кафили сулҳ ҳушдор дод, ки минбаъд намешавад аз сулҳ дар Тоҷикистон суҳбат кард.  Билофосила СММ,Иттиҳоди Аврупо,департаменти давлатии Амрико ва кишварҳои Гурӯҳи тамос ин амали Раҳмоновро маҳкум карданд ва вай ногузир шуд ,ки туфи кардаашро пас хурад. Раҳмонов воқиан шахсест дар фитна ва шайтанат тар карда бардоштагист. Метавон ӯро хоини моҳир, дурӯғгӯйи моҳир ва ҳелагари бе ҳамто ҳам номид. Дар шикастани аҳду паймон бошад аслан ҳамто ва назире надорад.

«Албатта, аз ин гуна корҳои зишт дар раванди фаъолияти КОМ Раҳмонов ва мақомоти вай хеле зиёд карданд. Раҳмонов,барои онки обруи рехтаи худ дар он солҳоро барқарор кунад бо ҳар васила болои КОМ фишор меовард, талош мекард, ки нақш ва мақоми роҳабри онро бикоҳонад. Ин ҳам дар ҳоле, ки садҳо, балки ҳазорҳо нафар аз сокинони кишвар барои арзу шикоят ва додхоҳӣ назди раиси Комисиюни Оштии Миллӣ меомаданд ва обруву манзалати фазояндаи устод рашку ҳасодати ӯро меовард.»

Яке дигар аз масъалаи муҳим ва калидӣ дар кори КОМ муайян кардани мақоми Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода буд, ки Раҳмонов бо ҳар васила талош мекард, ки ин масъаларо кашол диҳад ва ё умуман ӯ аз хориҷа боз гардонида нашавад. Фармондеҳони ИНОТдар гирду атрофи Душанбе, Кофарниҳон, (Ваҳдат) дараи Ромит ноҳия Ленин (Рудакӣ) ва Норак  ба ҳамоиш бо ҳукумат розӣ нашуданд.

Мансур Ҷалилов, аз афроди наздики устод Тураҷонзода дар Комиссияи Оштии Миллӣ мегуяд, ки агар шумо барои размандаҳои оппозитсион казармаҳое бисозед, ки беҳтар аз меҳмонхонаи панҷситора бошад, вале қозидомулло бозгардонида нашавад, ҳеҷ гуна ҳамоиш бо мақомоти қудратӣ сурат намегирад. Раҳмонов ҳатто дар яке аз ҷаласаҳо бо мақомоти қудратӣ ва аъзои КОМ ҳамчунин томотеро эълон мекунад, ки гуё Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода бо Ёқуб Салим (он вақт аллакай гуреза шуда буд) ҷабҳаи дигар сохтанианд ва воҳима мекунад, ки то Тураҷонзода ба ватан наояд фармони таъйиноти ӯро имзо намекунад. Аммо ҳамагони шоҳидем, ки устоди шаҳид ба як номае ба унвони Раҳмонов масъалаи бозгардонидан ва таъиноти устод Тураҷонзода ба идомаи сулҳ марбут дониста қатъан тақозо кард, ки мақом ва ҷойгоҳи ӯ муайян шавад. Дар ҳар сурат устод Тураҷонзода танҳо баъд аз ду моҳи имзо ва тавассути расонаҳои давлатӣ эълон шудани фармон дар бораи таъиноташ розӣ шуд, ки ба ватан бозгардад.

Вале, новобаста аз ин ҳама монеагузорӣ ва пешподиҳиҳо Комиссияи Оштии Миллӣ масъулият ва маъмурияти бар душаш гузоштаро иҷро мекард. Аммо замони пешбиникарда барои фаъолияти он-18 моҳ, камӣ кард ва азбаски Раҳмонов роҳ ва илоҷи дигар надошт, ногузир шуд замони фаъолияти онро тамдид кунад.

Нақши падари Худобиомурзам дар зеркомиссияи КОМ оид ба муҳоҷирон

Инро низ дар ин бахш мехоҳам изофа намоям, ки падари Худобиомурзам Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода узви зеркомиссияи муҳоҷирони КОМ буданд. Дар баргардонидани хонаҳои ғасбшуда аз тарафи боевикҳои Раҳмонов хоссатан дар Вилояти Хатлон ва шаҳри Қурғонтеппа садҳо хонаҳоро ба соҳибмулконашон баргардонида доданд. Аз ҷумла хонаи худи мо низ бо шартномаи хариду фурӯши ҷаълӣ ва сохтагӣ фурӯхта шуда буд. Шартномаи хариду фурӯшро чунон сохта буданд,ки ҳатто мо аслан гӯйё дар он хона зиндагонӣ накардаем ва соҳибмулк шахсе пеш аз мо соли 1972, ки падарам аз он немис хонаро харида буданд . Сохтакорони боевикҳои “Пешвои миллат” гӯйё аз он шахс харида бошанд. Бо овардани ин мисол гуфтаниям,ки чунин сохтакориҳо дар Вилоят хело зиёд буд,ки падарам бо ҳайате,ки аз ҳама мақомот дар он қарор доштанд чунин хонаҳоро дубора ба соҳибонашон баргардониданд. Ҳар рӯз кори ин зеркомиссия расидагӣ ба чунин моҷароҳо ва ҳолатҳо буд. Раиси ин комиссияи Муҳоҷирон Шукурҷон Зуҳуров буданд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо метавонед аз эшон пурсед. КОМ дар комиссия ва зеркомиссияҳое дошт хело барои дубора барқарор намудани ҳолатҳои пас аз ҷангӣ, хадамоти зиёде анҷом дод,то ин сулҳ то ҷое дар он шабу рӯзҳо таҳаққуқ пайдо кунад. Комиссия муҳоҷирон яке аз сангинтарин бахшҳое буд,ки хело ҳолатҳои баҳсбарангез дида мешуд. Як пирамарде омад ва ман бо падарам будам ва вазъияташро чунин баён намуд . Ман аз Қабодиён ҳастам мо аз Афғонистон баргаштем ва хонаи маро боевикҳои  Командир Бобоҷон гирифтаанд ва шартномаи хариду фурӯшҳам дуруст кардаанд. Ба ман гуфтанд ин хонаро аз мо касе гирифта наметавонад. Падарам гуфт хонаатро ин шо Аллоҳ бозпас мегирем ва аслан ғам нахуред. Шоҳид будам дар ҳол ҳайате ташкил намуда рафтанд ва дар муддати панҷ рӯз хонаро ба соҳибаш пас гардонида доданд. Чун,ки муҳоҷироне бар мегаштанд аз Афғонистон аксарашон бо чунин ҳолатҳо гирифтор шуда буданд.

«Тибқи мувофақаи ҳосилшуда дастаҳои охирини неруҳои низомии ИНОТ  моҳи сентябри соли 1998, яъне баъди як соли фаъолияти КОМ дарДушанбе аз Афғонистон ба ватан баргаштанд. Ва, ҳамин тавр дар декабри ҳамон сол ИНОТ бо як изҳороте эълон кард, ки урдугоҳҳо ва марказҳои омодасозии дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ, ки берун аз қаламрави Тоҷикистон ҷойгир буданд пароканда ва баста шуданд.»

Комиссиюни Оштии Миллӣ лоиҳаи қонуни интихоботи Маҷлиси Олӣ, Қонуни Асосӣ ва қонуни афвро омода кард. Протоколи низомӣ-яъне иҷрои раванди ҳамоиш ё реинтегратсияи неруҳои худ бо ҳукуматро ба анҷом расонд ва ноқису нопурра ҳам буд аз ҳисоби 30% бархурдор шуд. Фаъолияти Комиссиюни Оштии Миллӣ ба ҳама камбуду пешравӣ боис шуд, ки Тоҷикистон аз як кишвари дар ҳолати ҷанг ба шароити сулҳ баргардад. Вале, шева ва роҳи пешгирифтаи давлат гувоҳи он буд, ки намешавад гуфт Тоҷикистон ба масири демократия ва мардумсолорӣ қадам мезанад. Баъди интихоботи президентии соли 1999, ки Раҳмонов барои 7 соли баъдӣ зимоми қудратро ҳифз кард, вазорати хориҷии Амрико дар гузориши солонааш дар бораи риояти ҳуқуқи башар дар ин бора чунин навишт: «Тоҷикистон аз ҷониби низоми авторитарие идора мешавад, ки чанд сохтори ба ном демократиро таъсис додааст. Президент Эмомалӣ Раҳмонов бо тудае аз зодагони минтақаи Кулоб ҳамоно дар ҳукумат бартарӣ доранд. Моҳи ноябр Раҳмонов дубора дар маъракаи интихоботи раиси ҷумҳур, ки бо нуқсонҳои ҷиддӣ сурат гирифта на озод ва на одилона буд, пируз гашт. Ҳукумат ба чанд қумандоне, ки неруҳои худро  қариб ба сифати лашкари шахсии худ истифода мебаранд, такя мекунад».

«Комиссиюни Оштии Миллии Тоҷикистон, ки 11 сентябри соли 1997 ба кори худ дар Душанбе оғоз карда буд 31марти соли 2000 поён дод. Устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба ҳангоми мунҳал эълон кардани кори КОМ аз зарурати таъсиси як ниҳоде шабеҳи он дар  дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ гушрас кард, аммо дигар Раҳмонов дар фикру андешаи тамоман дигар буд, дар ин фикр буд, ки устод Нурӣ ва тамоми тими ӯ ва ҳизби ӯро чи гуна аз байн бубарад ва интиқомашро амалӣ намояд.»

Поёни бахши шашум, идома дорад бо Ислоҳ бошед, то бештар аз аз ин қазияи муҳимми таърихӣ огоҳ гардед…

Бахши ҳафтуми ин силсила барномаҳо  “Хиёнатҳои Эмомалӣ Раҳмонов ба сулҳи тоҷикон” аст. Ин мақтаъи хело муҳимро тарк накунед!

Ps: Лозим ба тазаккур аст ки ба ҳангоми омода кардани ин риштаматолиб аз навиштаҳову мусоҳибаҳои устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ,устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Абдумаҷид Достиев,Иброҳим Усмонов, Салими Аюбзод ва як қатор сайтҳо истифода шудааст.

Сообщение Сулҳ бо ривояти дигар. Баъди чаҳоряк аср появились сначала на ISLOH.net.

Наҳанг»-и Сангвор кист? Бо Заринаи Эмомалӣ раҳмон чи алоқа дорад?
(бахши дуввум)

Хонандаи ҳушманди «Ислоҳ.нет» медонад,ки дар бораи Сангвор,Тавилдараи собиқ мо қаблан ҳам навишта будем. Баъди нашри он матолиб инак боз матлаби дигаре аз ҷурму ҷиноёти масъулони ин ноҳияро бо кӯмаки худи мардуми сарбаланди ин нуқтаи куҳистонии кишвар манзуратон менамоем. Ҳарчанд мақомот навиштаҳои моро ғаразнок меҳисобанд, аммо маълум аст, ки он бетаъсир нест. Ва,инак давоми навиштаҳои мо дар бораи Сангвор:

Қабл аз он ки ба шикояти сокинони ноҳияи Сангвор пардозем нахуст аз ғоратгариҳои оилаи Ғайратовҳо,ки солҳост ноҳия дар қабзаи оҳанини ин онҳо қарор дорад хоҳем гуфт

Тавилдара ё Сангвор дар дасти оилаи ”Ғайратовҳо”

Раиси ноҳияи Сангвор ДавлатзодаМаҳмадшои Ғайрат соли 2021 аз ҳисоби Бонки осиёии рушд 2 милиону 600 ҳазор сомонӣ барои обёрӣ намудани  заминҳо  аз ҳисоби чарогоҳҳо дар ҷамоати собиқ Сангвор, ки ҳоло Заршуён ном дорад маблағ мегирад.Аммо канали деҳаи Себакиро,ки дар маркази ҷамоати Заршуён ҷойгир аст,нимкола тоза намуда дар тамоми шабакаҳо нишон медиҳад, ки гуё 100 га замини чарогоҳ обёрӣ карда шуд.Ба ҳамин монанд дар соли 2008 дар ҷамоати Ваҳдат,барои обёрӣ 20 га замин дар деҳаи Урфат ва 20га ва дар дараи Калп тавассути фирмаи худаш ҶДММ “ҒАЙРАТ” пули калон мегирад,аммо тамоман обёрӣ намекунад.Соли 2020 дар деҳаи Урфат барои кони “ЗАРИНК”-и духтари Эмомалӣ Раҳмонов Заррина Раҳмонова(келини Бег Сабур) канал канда шуд.Ҳамон канали канда шударо имсол ҳамчун кори фирмаи “ҶДММ Ғайрат”,ки Азим Давлатови писараш роҳбараш аст, санад карда маблағи зиёдеро аз они худ кард.То ҳол пул дар ҷайби  Давлатзода Маҳмадшои Ғайрат аст,чунки ин ду деҳа аз маркази ноҳия 70 -80 километр дур аст.Аз ин хотир аз тарафи мақомоти дахлдор санҷиш намешаванд.Раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшои Ғайрат аз ин фурсат истифода бурда пулро ба ҷайби худ мезанад. Дар ин бора қарори раиси ноҳия баровардагӣ аст, лекин ягон ҳақиқат надорад, ҳато парванда надорад, ки заминҳо дар кадом контурҳо мебошанд ва дар куҷо ҷойгиранд. Чунки қарорро шаб Шоҳхуча Идиев, раиси кумитаи замини ноҳияи Сангвор ва Умед Кабутов раиси бахши сертификатдиҳии ноҳия навиштанд ва тавассути почта ба раис.ки дар шаҳр буд, равон карданд. Раис дар шаҳр қарорро имзо карда  гузаронид ва маблағро ба ҳисоби фирмаи писараш ҶДММ “Ғайрат” гузаронид.

Барои тоза ва навсозӣ намудани канали Дараи Себак ва Дашти Миёнаду дар давоми ду сол чанд барнома шуд қабул шуда ва пулҳои зиёде “списат” мешавад.Ҳатто экскаватор аз ҳисоби Вазорати мелиоратсия ҷудо карда дода буданд.Инчунин аз хоҷагиҳои деҳқонӣ барои кандани канал маблағ ҷамъоварӣ карданд.Аммо дар асл канал кандагӣ нестанд.Ҳамааш корҳои қалбакӣ,санадҳои дурӯғӣ ба манфиати шахсии раис Давлатзода Маҳмадшои Ғайрат асту бас. Ҳоло бошад раис тавассути чанд барномаи Бунёди Оғохон,ки се  соли дигараш мондааст, дар ҷамоати Заршуён, Ваҳдат пули зиёдеро гирифта истодааст,вале намедонем,ки ин барномаи Бунёди Оғохон оқибат чи мешавад. Мақсад маблағҳои ин Бунёд ба кисаи ҷаноби раис Давлатзода Маҳмадшои Ғайрат  ва ширкати писараш ворид мешаванду ҳеҷ натиҷае барои мардуми ин ҷамоатҳо ба даст намеояд.

Мебоист дар деҳаҳои Сангвор, Ғовд, Миёнаду айни ҳол неругоҳҳои барқи обии хурд   кор кунанд.Вале афсус ягон намуд неругоҳ нест.Аммо як неругоҳро,ки дар деҳаи Миёнаду бояд сохта мешуд вале сохтумонаш тули чанд сол аст нотамом аст кандаву хароб кардаву ҳатто оҳанпораҳояшро оилаи Ғайратовҳо бурда обу лой карданд, чунки соҳиби ноҳия мебошанду намояндаи Ҷаноби Олӣ.

Мо, сокинони ноҳияи Сангвор пурсише дорем:

Барои чи тамоми намуди кумакҳои моддӣ аз қабили (орд, занбури асал, ниҳолҳои себ, тухми картошка ва ғайра) новобаста аз онки аз тарафи давлат ва ё кадом ширкатҳои хориҷӣ меояд ҳамааш ба дасти оилаи чашмгуруснаи Ғайратовҳо мерасад.?

Магар ин оила серӣ надошта бошанд?

На танҳо кумакҳои моддӣ балки техникаҳое, ки барои кишоварзӣ аз ҳисоби ҳукумат ба ноҳия ёрдам мешаванд инҳоро ҳам танҳо хешутабори Ғайратовҳо соҳиб мешаванд?

Ҳатто тендерҳои сохтмонии ҳар иншооте дар ноҳия пайдо шавад бояд онро ин оилаи Ғайратовҳо бигиранду бисозанд?

Чанд сол аст ки нн ноҳияро  3 гурги борондида роҳбарӣ мекунад: Ғайратов Ҳиммат, собиқ раиси ноҳия, Ғайратов Раҳматшоҳ нафақахури гурусна ва Давлатзода Маҳмади Ғайрат раиси ҳозираи ноҳия.Тамоми вазифаҳо дар дасти ин авлод инҳисор ё монополия карда шудааст. Сангвор аз соли 2008 яъне 14 сол аст,ки дар қабза ва монополияи оилаи Ғайратовҳо қарор дорад. Ин инъоми Пешво ба ин оила аст,албатта бар ивази хидматҳое,ки ба оилаи Раҳмонов анҷом додаанд.

Ғорати пули васлкунии бухориҳои обӣ (отопление) аз 60 мактаб

Соли 2020 раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадӣ Ғайрат дар мувофиқа бо вазорати молия  як миқдор маблағи ноҳияро барои системаи гармидиҳии мактабҳои ноҳия ҷудо мекунад.

«Бо супориши худи  Давлатзода Маҳмадӣ Ғайрат директорони мактабҳо ин пулҳоро ба  фирмаи писараш ҶДММ “Ғайрат” мегузаронанд.Директорон маблағҳоро мегузаронанд. Мактаби аз ҳама хурд 20,000 (бист ҳазор сомонӣ) мегузаронад.Танҳо мактаби деҳаи Шаҳри нав ва Деҳаи Ёзганро нимкола бо системаи гармидиҳӣ таъмин мекунанду тамом. Дигар мактабҳо бошанд то ҳол ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст нестанд.Вақте ки муфаттишон аз Душанбе ва минтақаи Рашт якҷо бо прокурори ноҳия ва сардори амнияти ноҳия меоянд ягон мактаб бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин карда нашудааст.Намедонем бо чӣ миқдор  пора раиси ноҳия ҷонашро халос мекунад.Чунки чизеаш нашуд,буруташро табар набурид.»

Писари раиси ноҳия Азим Давлатовро барои ин корҳои нотамомаш, ки дар зимистони соли 2022 як муддат маҳкам мекунанд. Давлатзода Маҳмадӣ Ғайрат  бо додани пораи калон писарашро аз зиндон шудан раҳо мекунад. Бо ҳамин ин кор ҳам ба монанди неругоҳҳои хурд руйпуш мешавад. Прокурор ва сардори амният пораи хубе гирифтанду рафтанд.Директорони мактабҳо бошанд тамоман метарсанд,ки садо баланд кунад. Ба назар гиред,ки дар ноҳияи Сангвор ҳудуди 60 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ вуҷуд дорад.   Маблағе,ки аз ҳисоби “отоплени” ҷаноби Давлатзода Маҳмадӣ Ғайрат тавассути ширкати писараш ҶДММ “Ғайрат “ ба даст овард чанд бошад? Маблағи порае,ки ба прокурору амният ва муфаттишон доду ҷони худ ва писарашро халос намуд чанд бошад?

Писари Ғайратов Ҳиматшо Ҷомӣ Ғайратов дар Душанбе солҳои 2016 дар БДА дар бахши бақайдгирии рақамҳо кор мекард ва дар гирифтани пора дастгир мешавад. Ҷомӣ Ғайратов бо додани 100 ҳазор доллар дода ҷонашро халос мекунад.Ҳоло бошад дар як бахши низомӣ озодона кору фаъолият мекунад.Сардори ШВКД ҳозираи Сангвор ҳамкурси Ҷомӣ Ғайратов будааст.Яъне милиса ҳам аз худашон ҳаст.

«Тамоми ҳисоботи оморие,ки ба марказ медиҳанд бардурӯғ буда ва изофанависӣ дар болотарин сатҳ қарор дорад. Танҳо як ҳисоботи бардурӯғ дар мавриди кишти картошкаро мо таҳқиқ намудем,ки маълум шуд ҳудуди 300 га бардурӯғ ҳисобот дода шудааст. Дар асл танҳо ҳисоботи рӯйи варақ асту халос. Мардум дар сангинтарин ҳолат қарор доранду намедонанд ба куҷо шикоят кунанду додашонро расонанд.»

Инро бояд мақомоти марбута ҷиддӣ ба инобат гиранду маблағи дуздидашуда аз буҷаро барқарор намоянду ҷаноби Давлатзода Маҳмади Ғайратро бо тамоми шайкаи ҷиноятпешааш аз вазифа сабукдуш намоянд. Ба гуфти худи “Пешво” ин аз осмон начакидааст ку !

Дар Ноҳияи Сангвор аз оилаи Ғайратовҳо ин афрод дар мақомот солҳост кору фаъолият мекунанд,ки корашон танҳо дуздӣ ва ғорати ноҳия асту тамом:

Давлатзода Маҳмадӣ Ғайрат

Ғайратов Ҳиммат раиси собиқи ноҳия ва феълан дар ташкилоти USAID раиси ин ташкилот аст.

Ғайратов Хоҷамурод, сардори Амонатбонки ноҳия.Писари Ғайратов Ҳимат аст.

Ғайратов Ҳасан, раиси собиқи ҷамоати Сангвор ва феълан раиси Ҷавонони ноҳияи Сангвор,ин ҳам писари Ҳиммат Ғайратов.

Олимов Абдулло, муовини раиси ноҳияи Сангвор, қудои Ғайратовҳо, хусурҳои Хоҷамурод Ғайратов.

Азим Давлатов писари раис соҳиби ҶДММ “Ғайрат” (иллати дар ин қатор гузоштани Азим дар он аст, ки ҳама пули буҷа ба ҳисоби ширкати ӯ ворез ва обу лой мегардад. )

Саймурод сардори шуъбаи сохтмон ҷияни раис. Худ қазоват кунед

Албатта ин саршумор хело зиёд аст дар мацомоти ноҳияи Сангвор. Дар ноҳияи Сангвор беш аз бист нафар аз оилаи Ғайратовҳо дар мақомоти ноҳия кору фаъолият мекунанд. Ҳама мақомҳои асосӣ ва равғанӣ зери идораи ин оила қарор дорад. Метавонем бигуем, ки ин оила зери роҳбарии Ғайратов Ҳиммат раиси собиқи ноҳияи Сангвор кору фаъолият мекунанд. Як бонд ва мафияи калоне ҳастанд, ки ҳеҷ касе дар ноҳия ба ин оила чапнигоҳе наметавонад бикунад.

Дар ин авлод як нафаре ҳаст бо номи Ғайратов Раҳматшо,як пири барҷомондае аст аммо ҳамаро ҳамин «совет медиҳад ва рулит мекунад.Худаш дар ягон точкаи дунё намудор намешавад,мусафед аст аммо ҳама корро ҳамон мекунад.Аммо он қадар фартут нест.Ҳамаи заину замони ноҳияро,дараҳоро,грантҳои хориҷиҳоро фақат ҳаминҳо гирифагианду мегиранд. Аммо гургоне,ки рулават мекунанд,Ҳиммату Маҳмад ҳастанд

Убайди бародарашон бисёр талош кард, ки сардори милиса шавад. Нашуд. Ҳозир гуё одами худашонро сардори милиса овардаанд. Аммо ин як воҳимаи дуруғ аст .Ин сардор инҳоро барои орддуздиашон дело карда буд, барои чанд кори дигарашон ҳам тафтишот карда буд барои ҳамин уро чап гирифтанд, ҳоло дигар ӯ нафақа рафт. Убайди бародарашон ,ки дар куштани Мирзоҷага даст дошт ҳоло замнач дар Нуробод мебошад. Ҳоло нақшаашон ҳамин аст ки ӯро сардори милисаи ноҳия оваранд. Рамазон Раҳим ин авлодро нағз медонад,барои ҳамин сардори милиса таъин накард.

Ҳоло дар ин акс ҳисоботи кишти картошкаро бинед, ки чи хел фарқ мекунад.300 гектар изофанависӣ,300 гектар ҳуҷҷатгузории сохта.Инҳо, бубинед, ки аз номи давлат, чи хел давлатро фиреб медиҳанд?

Раиси собиқи кумитаи замини Сангвор бо тағагӣ ва  черези Шукурҷон Зуҳуров

Кабутов Умед, тахминан соли 1970-1972 дар ноҳияи Панҷ дар оилаи беҳтарин марди деҳаи Ҳур бобои Аҳтам таваллуд шудааст. Кабутов Умед оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд: ду духтар ва ду писар. Бисёр ҳам сарватманд ва шахси мутакаббир мебошад. Умед хатмкардаи донишгоҳи Қазоқистон дар бахши замин аст.  Бобои Аҳтам, падари Умед Кабутов баъди марги фарзандаш Кабутов Асламиддин, ки 2012 даргузашт, дере нагузашта аз олам чашм  пушид. Кабутов Асламиддин, ки бародари калонии Умед мебошад, дар шаҳри Екатеринбурги Русия «уголовник» шуда кор мекард. Умед Кабутов хешу табори Шукурҷон Зуҳуров, раиси собиқи Маҷлиси намояндагон мебошад. Умед аввал дар Кумитаи замин кор мекард. Вақте Зуҳуров дар вазифаи вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ кор мекард, падарашро зораву тавалло мекунад, ки ба Зуҳуров Шукурҷон занг зада хоҳиш кунад, ки ёрдам расонад, ки ӯро ба вазифаи раиси кумитаи замини Тавилдара таъйин кунанд. Ва падараш ин корро мекунаду Умед раиси кумитаи замини ноҳияи Тавилдара таъйин мешавад. Тақрибан дар вақтҳое, ки Ғайратов Ҳиммат раиси ноҳия буд, ӯ ба ин вазифа таъйин мешавад.

Умед Кабутов  ҳамроҳи Ҳиммат Ғайратов чандин замину чарогоҳҳои мардумро аз дасти соҳибонашон ба зурӣ гирифта,ба дигар даҳмардаҳо медиҳад. Алалхусус:

Заминҳои дараи Паста ва Пастакзамин, ки ҷойи чарогоҳҳои деҳаи Ҳур мебошанд, ба манфиати чандин даҳмардаҳо «оформит» мекунад. Яке аз он даҳмардаҳо бо номи Аҳмад аст ки Умед Кабутов аз вай пул ва гусфандҳои зотӣ пора гирифта ва бо Ғайратов Ҳиммат тақсим мекунанд. Замини 1 гектараи шахсе бо номи Толиб Шариповро беасос ба номи шахсе, бо номи Аҳмадов Зайниддин. «оформит» мекунад. Болои ин, ба Толиб Шарипови соҳиби аслии замин фишорҳо оварда зулм мекунад.1.5 гектар замини писарони Бобои Абдураҳмон Ҷемов дар деҳаи Ғурумро пинҳонӣ ба номи Шарипов Камолиддин бо лақаби «Шайтон» «оформит» мекунад. Бобои Абдураҳмон Ҷемов, ки писаронаш Раҷабалӣ, Рамазон, Озар, Идибег ва Шамсиддин Ҷемовҳо мебошанд, соли 2020 аз олам чашм мепушад. Бисёр инсони хоксору заминӣ ва шахси номдори деҳаи Ғурум буд. Писари калонии Бобои Абдураҳмон Ҷемов, ки Раҷабалӣ ном дорад, бисёр инсони хоксор мебошад ва ҷангалбон  кор мекунад. Мисли падараш бисёр ба мардум хубӣ мекунад ва зиёда аз 20 сол собиқаи корӣ дорад.

«Умед Кабутов дар деҳаи Вуҷун мехост заминҳои шахсе бо номи Ҷалилро гирифта ба номи дигар кас «оформит» кунад аммо кораш барор намегирад. Ҷалил инро шунида як мушт дар руйи Умед Кабутов мезанад. Бинии Умед Кабутов мешиканад. Умед то чанд вақт аз Ҷалили соҳиби замин дур-дур мегардад. Заминҳои мардуми Иштиёни ҷамоати Миёнадуро беасос  ҳуҷҷат кардааст.»

Умед рафтуомади хуб бо раиси ҷамоати Вахё Шарифи муш, раиси «отделкадр»-и ноҳияи Сангвор Исмонов Маҳмадулло дорад.

Хулоса, касе ба ӯ чизе гуфта наметавонад. Мардуми Сангворро ба дод овардаанд ва махсусан сардори амнияти ноҳия ва раиси ноҳия.

Дар вақти раис таъйин шудани Зарифӣ Шоҳиён, Кабутов Умед дар ҳамин вазифаи раиси кумитаи замин буд, ки Зарифхуҷа Шоҳиёни Фақер ин порахури қаттол,ки ҳоло раиси ноҳияи Панҷ аст Умед Кабутовро даъват карда, аз ӯ пора гирифтанӣ мешавад. Умед ҳавобаландӣ карда рад мекунад. Зарифӣ ӯро ҳақорати безеб карда мегуяд, ки «ман аз Панҷ инҷо нозбардорӣ наомадам, ҷора холӣ кун ва ба касе  шикоят мекунӣ кардан гир, фалонат кардам». Дар ҳол ӯро аз вазифа озод карда ба ҷои ӯ як нафар бо номи Шовалиро таъйин мекунад. Умед бошад мисли занакча каҳр карда, боз ба тариқи Нурмуҳаммад, шахсе, ки хешу табори холаи Моҳистон, ки зани Шукурҷон Зуҳуров аст занг мезанад ва ӯро ҳоло дар бахши сертификат қабул мекунанд. Раиси кумитаи амният чанд бор хостааст, ки алайҳи Умед  Кабутов делои ҷиноятӣ кушояд. Вале  як  занги  телефони холаи  Моҳистони  зани Шукурҷон  Зуҳуров  ӯро  наҷот додааст. Вале вай як шахси мутаккабир  мебощад. Бо мардум  муомилаи  хуб  надоранд. Дар  ноҳияи  Сангвор чунин хиёнаткорон бисёр   мебошанд. Яке аз онҳо Исмонов  Маҳмадулло, раиси  шуъбаи кадрҳои ноҳия мебошад.

«Муовини раиси ноҳия Қурбонов Тимур  мебошад, ки бо додани 200.000 сомонӣ  аз  чанги  орган ё мақомот халос  шуд. Исмон Маҳмадулло бошад ҳамроҳ бо Тимур, Умед ва Шарифи муш як  қатор ҳуҷҷатҳо чарогоҳҳоро бо гирифтани чандин сар гуспандҳои калон «оформит»   мекунад.»

Як ҷинояти сардори шуъбаи кадри ноҳия ва Шарифи муш ҳамин аст, ки онҳо кумакҳои озуқавориро яъне орд, равған, картошка ва дигар маҳсулоти хуроквориро, ки  ба халқ бояд  тақсим  кунанд  вале  онҳо баръакс   ҳақи    ятиму  бевазанонро намедиҳанд. Ин ёриҳои башариро ба мағозаи ҳоҷӣ Шоазиз  медиҳанд. Соҳиби мағоза бо нархи  гарон   мефурӯшад. Мо шохиди ин ҳодисаем. Орд ва равғанҳо помошро ба воситаи як  рафиқи  раиси ноҳия, ки Саимуддин аз деҳаи Сарипул  мебошад оварда ба магазини ҳоҷӣ Шоазиз  супориданд. Чаро ҳукумат ва амният  назорат  намекунад мо ҳайронем ва ё онҳо ҳам шарики ин ҷиноятанд. Боз  як  ҷинояти   Умед   ва   қудояш полковники  милитсия Давлатов Раҷабалӣ, ки  раиси  деҳаи  Хур  будро гуфтанием. Наздики  3 гектар   замини деҳаро  барои наздиконащ- оилаи  Давлатовҳо      ҳуҷҷатгузорӣ кард. Дар  ин  кор  вайро Умед Кбутов ёрдам  кард. Дар  ҳоле   ки   дар   деҳа  мардум замин надоранд.

Ҷиноятҳо аз Сангвор ба Русия гузашт

Фарзанди  Давлатов Раҷаб ба номи Далер, соли таваллудаш  1990 аз соли 2013 то  ин  ҷониб   ба   миёнаравӣ дар Русия дар шаҳри Санкт-Петербург  машғул  аст –посредники соҳаи сохтмонӣ. Далер дар  фирмаи як  вакили парлумони Русия  бо  номи Алаш,ки Чесени табор аст кору фаъолият  мекунад  Далер  дар  тули  фаъолияти  кориаш чандин нафарҳоро фиреб  карда пулҳояшонро    надодааст. Алаш, ки  роҳбари  Далер аст ба ӯ пулро сари вақт медиҳад ва ӯ ҳеҷ камбудӣ накардааст ва Алаш гуфта аст,ки мусалмонҳоро ба кор гиред,то кумаке ба онҳо шавад. Далер бошад   мардумро фиреб карда барои имрӯзу  фардо ваъда  медиҳад ва пулҳояшонро намедиҳад. Тибқи  маълумоте,ки  аз  Кумитаи Амнияти Тоҷикистон   аз   ноҳияи  Сино  ш. Душанбе ба  мо  расид, Алаш  сумро   ба Далер додааст, ки ба бачаҳо бидиҳад, то ки корро  пеш  баранд. Далер  Давлатов  то 4 миллион  рублро ба манфиати шахсияш масраф кардааст. Ду миллион рублро ба  падараш Раҷаб Давлатов  равон  кардаст, ки  Тайота  прадо харад. Худаш бошад  дар 2 милион рубли дигараш  як  мошини   ford харидааст. Дар  ҳоле, ки мардуме, ки  дар фирмааш  кор   мекунанд  сумҳоящонро нагирифтаанд  ва  ба  қарз  зиндагӣ   мекунанд. Аз  сари  ҳар  нафари  коргар

Далер Давлатов   то  500  рубл   дар   рӯзаш  меситонад. Масалан агар дар рӯз 2000 ҳазор рубл кор куни 500 рублашро Далер Давлатов мегирад. Боз   прописка  ҳам  мекунад. Вақте  аз  фирмааш ба ягон ҷои дигар ба кор меравӣ ҳатман зарар мерасонад, санадҳои туро аннулироват мекунад. Дар ин  кор  Далер Давлатовро  тағоящ Додов  Бачаҷон собиқ лейтенанти милиса дар ноҳияи Сангвор ёрдам мекунад.   Бачаҷон  Додов ,ки феълан бо Далер Давлатов якҷо мебошанд ҳаққи  кории  мардумро мезанд. Агар  500 ҳазор кор кунӣ  250 ҳазораш ба ҳисоби Далер Давлатов  ва Бачаҷон Додов меравад. Бачаҷон Додов дар Тавилдара дар милитсия беш аз даҳ сол кор кардааст. Феълан дар ду фронт кор мекунад ва бузи ду тарафа ҳаст ҳам ВКД Тоҷикистон ва ҳам МВД Русия мебошад. Вай дар Сангвор бо хеле аз занҳо алоқаҳои номашруъ дошт,ки бо санад ва факт ва номҳои ҷабрдидагон дар дасти “Ислоҳ” вуҷуд дорад,ки агар хоста бошад метавонем ҳама факту санадҳоро расонаӣ кунем. Аммо бархе аз он занҳо шавҳардор ва соҳиби хонаҳои обод ҳастанд.

Дар Мавриди ҷиноятҳои одами Шоҳрух — «Мулло» Валӣ Шеров

Шеров Абдувалӣ номи аслиаш вале дар байни мардум Мулло Валӣ маъруф аст. Мулло Валӣ дар оилаи Давлат Шеров дар ноҳияи Тавилдара таваллуд шудааст. Инҳо оилавӣ дар амният пинҳонӣ кор мекунанд. Номҳои бародарони Мулло Валӣ: Амралӣ, Саидалӣ, Миралӣ, Раҳмоналӣ, Нуралӣ, Абдувалӣ ва Шералӣ мебошанд. Абдувалӣ, ки соли таваллудаш тахминан 1980 мебошад, ҳоло дар шашум «отдел» дар бахши «мубориза бо экстремизму терроризм» кор мекунад.

Мулло Валӣ Донишгоҳи Исломии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо хатм кардааст ва яке аз «крыса»-ҳо дар донишгоҳи исломӣ буд. Вале мардум тамоман намедонанд, ки ин ба ном «Мулло» Валӣ як гурги одамхӯру золим мебошад. Дар маҳбус кардани Домулло Сироҷиддин ҳамоне як бор бо ҷурми салафият зиндонаш карданд ва пас аз он боз дубора зиндонаш кардан бо “САДОИ УМЕД” Мулло Валӣ худаш чунин нақл кардааст: Аз боло барои ман фармон шуд,ки бояд чораи Домулло Сироҷиддинро бубинед. Ман рафта ду рӯз шогирдии ӯро кардам ва пас аз он ки ҳамаро фаҳмидам,ки нуқтаи заъфаш куҷост занг зада ҳамаро “доложит кардам”. Аз КДАМ омаданду моро заданд ва ҳатто маро ҳам заданд,то маълум нашавад,ки ман корманди амният ҳастам. Пас аз боздошт рафтам ва сузане,ки дар тугмаи куртаам буд ҳамаро бо сабти наворҳои ду рӯзаам супоридам ва он наворҳо сабаби зиндонӣ шудани дубораи Домулло Сироҷиддин шуд. Инчунин дар  куштори Мирзоҷага, дар қатли Неъмати қумандон, дар қатли Ҳоҷӣ Ҳалиму дастгир кардани «нафароне, ки ба ошуби Ҳоҷӣ Ҳалим шарик буданд, дар «проект»-и дастгир кардани Мулло Темур, ки бо лақаби Мулло «Кирмак» машҳур буд дар ҳамаи ин ҳодисот нақшҳои муҳими истихборотиро ифо намудааст. Албатта дар дасти мо чанд сафҳа аз корҳояш расидаанд вале дар нашрҳои махсус онҳоро пешниҳод хоҳем кард. Мулло Валӣ Шеров бо   шариконаш: Рафиев Абдул ва Шафеъ, ки аз маркази ноҳия мебошанд қариб 300 нафарро фурӯхтаанд ба баҳонаи ошуби Ҳоҷӣ Ҳалим. Ҳатто дар вақташ ӯро Мирзо Ҷага суханони сахт гуфта ба ӯ мегуяд, ки ҳамаи одамони маро ту фурӯхтӣ, бузи ҳаромӣ. Мо ин суханҳоро худ шунида будем. Ҳамин шахси ба ном «Мулло» Валӣ Шеров бисёр толибилмонро  фурӯхтааст. Одамони дар зери назораташ ва ҳамшариконаш, ки ҳоло ҳам бо ӯ «крыса»-гӣ мекунанд, Шараф аз деҳаи Ҳур ва Саидалӣ ном доранд.

Чи гӯна руҳониёнро ба КДАМ мефурӯшад? Ҳоло дар Кулоб аст!

Услуби фурӯхтани муллоҳоро хуб медонад: аввал шогирдашон мешавад ва баъдан дар зери тугмаи куртааш камераро ҷой медиҳад ва баъдан ҳамаи наворҳоро ба КДАМ  мерасонад. Навори Мулло Темурро ҳамин шахс сабт мекунад, ки дар шабакаи аввал нашраш мекунанд.Ҳоло “Мулло” Валӣ Шеров дар шаҳри Кулоб дар сохтмони мактабҳои русӣ,ки ҷиянаш Файзалӣ Шеров муҳандиси сохтмон аст ва проектҳоро назорат мекунад ба ҳайси қаловур ё муҳофиз кор мекунад. Аммо ҳадафаш маъмурият бар алайҳи уламои дин ва диндорон дар шаҳри Кулоб аст. Худо медонад, чӣ балоҳо ва мусибатҳоро бар сари толибилмон ва уламои Кулобшаҳр меоварад. Тахминан ду моҳ аст дар Кулоб аст ва бояд то моҳи сентябр он мактабро супоранд. Кулобиҳо эҳтиёт бошед аз ин бузи бешох!

Маталаби «ИСЛОҲ» сабаб шуд  як ғоратгар сабукдуш шуд

«Бародар Муҳаммадиқбол! Мо Шо Аллоҳ баъди барномаи  шумо Шараф Авдиеви  шогирди Саид Шеровро, ки ҷангалбон буд аз вазифааш гирифтанд. Аммо Саид Шеров, ки бузи амният мебошад, ба бародараш “Мулло” Валӣ Шеров занг зада Шараф Авдиевро дар шӯъбаи амнияти Тавилдара ронандаи сардори аамният мемонад. Хуб дигар худатон қазоват кунед,ки ронандаи Амниятро “Мулло” Валӣ Шеров таъин мекунад.»

Саид Шеров ва хоҳараш дар деҳаи Ҳур зиндагӣ мекунанд. Инҳо авлодан аз одамони мавриди боварии амнияти ин ҳукуматанд. Саид Шеров дар мактаби 54и деҳаи Ҳури ноҳияи Сангвор дарс мегуфт. Вай хело марди ҳаром ва зинокор аст. Ҳатто ҳолатҳои бо духтарҳои мактабхон амалҳои номашруъашро мардуми деҳаи Ҳур медонанд. Бародари Саид Шеров ҳам ҳаминкора аст. Номи вай Миралӣ Шеров мебошад, аввал муаллими ҳамин мактаб аз фанни таълими меҳнат дарс медод ва китобхоначӣ ҳам буд.Феълан дар ноҳияи Рудакӣ истиқомат мекунад ва дар Кони Шугнов тракторист буд,то шаш моҳ пеш. Ҳатто хоҳари Саид Шеров Шерова Гулбаҳор ҳам бузи амниятиҳо ҳаст. Дар умум инҳо оилавӣ корманди КДАМ  ва хабаркашҳояшон ҳастанд. Ҳамчунин нафарони ба инҳо наздик Шариф Гадоев бо лақаби муш, Абдул Рафиев бо лақаби буқача, Маҳмадраҳим ва чандин нафари дигар ҳам бузҳои амниятанд. Хоҳарашон Шерова Гулбаҳор дар дехаи Ҳур дар дасти Худоёр Содиров  буд. Ӯро бо  Аскари Ғунчаи таксичие дар матлаби қаблӣ аз ӯ гуфта будем бо лақаби Тортанак дар анҷоми амали маҳрамона дастгир мекунад. Шавҳараш Худоёр Содиров Гулбаҳор Шероваро талоқ  медиҳад. Баъди ин байни ин оилаҳо зиддият пайдо мешавад. Шеров Саид мехоҳад  Худоёр Содирови шавҳари хоҳарашро зиндонӣ  кунад. Тири автоматро оварда дар оғилхонаи Худоёр дар таги дарзаи каҳ пинҳон карда ва дафъатан амниятро занг мезанад. Амниятиҳо меоянд ва қасди тафтиши оғилхонаро мекунанд. Аммо кор тамоман баракс мешавад. Худоёр Содиров,ки писарамакаш дар Душанбе табиб будаасту Зайдулло Содиров ном дорад занг зада вазъиятро мефаҳмонад. Зайдулло Содиров бо болоҳо робитаи хуб доштааст. Суд-экспертиза мефармоянд ва дар тири ҷосозишуда изи ангуштони Шеров Саид маълум мешавад. Дар дастони Саид Шеров завлона баста ба мошин савор карда тарафи Душанбе мебаранд.

Мехоҳанд  Шеров  Саидро  зиндонӣ  кунанд. Вале  бародараш  Амралӣ ва Шералӣ Шеровҳо  ба амниятиҳо 25.000 доллар пора дода ӯро «девона» ҳуҷҷат мекунанд. Шеров Саидалиро мебаранд дар девонахонаи ноҳияи Рӯдакӣ мехобонанд. Аз муаллими  озод мекунанд. Боз пас аз шаш моҳ меояд ба Сангвор ва дар  кумитаи дин дар бахши Танзим кор мекунад , албатта бо кумаки бародарони бузи орангутанаш. Тақрибан як сол кор мекунад ва баъдан маълум мешавад,ки китобчаи девонагӣ дорад аз кор озодаш мекунанд. Феълан нафақахур ва дар деҳаи Ҳур зиндагонӣ дорад. Вақти раисии Мирзомиддини Фаёз дар ҷамоати Вахё дар солҳои 2015 сардори танзим Саидалӣ Шеров буд.Ӯ  туйи бародари худаш Шералӣ Шеровро «протокол» карда ҷарима мебандад. Бародараш барои ин кор ӯро зада як чашмашро сиёҳ мегардонад. Яке аз сабабҳои аз вазифа сабукдушаш мекунанд,чун мегӯянд,ки ӯ девона аст.

Дар  тағири  номи  ноҳияи  Тавилдара  яъне вақте ки  Сангвораш карданд бисёре аз   равщанфикрон гуфтанд, ки  номи  Тавилдара хуб аст. Тағйир додани номи Сангвор   шарт нест. Ҳукумат ин равщанфикронро боздошт кард. Ва онҳоро маҷбур кард, ки бо пардохти ҷарима озод шаванд, баъзеашон  зиндонӣ шуданд.

«Тағйири номи Тавилдара ба Сангвор кори Шукурҷон Зуҳуров ва Пешво мебошад.  Чун,ки Тавилдара маконе буд,ки Раҳмоновро ба зону шинонда буд ва Раҳмонов аз номаш ҳарос дошт.»

“Мулло”Валӣ Шеров бо шогирдонаш 45 нафарро бо баҳонаи онки ба пешниҳоди Пешво дар тағйири номи Тавилдара ба Сангвор зид баромадаанд дастгир ва ҷаримаҳои гуногун карданд. Яке аз кришаҳои “Мулло” Валӣ Шоҳрух  Саидов мебошад,ки аз афроди Рустам буданаш низ шаҳодат медиҳад.

“Мулло” Валӣ Шеров чандин  нафарро барои  «кришават»-и қабул  кардааст, ки инҳо дар дохили кишвар  ва дар хориҷ барои Валӣ Шеров   маълумот медиҳанд. Нафароне, ки вай дар дохили Тоҷикистон   «крищават»-и мекунад Сайдали бародараш аз деҳаи Хур, Шараф аз деҳаи Хур,Талабшо аз  деҳаи    Сарипул бо лақаби “Лутфан”  ва Ҷаҳонгири Зоҳир аз деҳаи Сайёд мебошанд. Ҷаҳонгир дар  проекти мубориза бар алаҳи ҲНИТ  дар ноҳияи Сангвор нақши калоне дорад. Дар бисёр аз маҷлисҳои М Кабирӣ ба ҳайси хабарнигор  иштирок  мекард. Ин  нафар  як  даст  дорад, таваллудаш1990 мебошад. Ҷомӣ Ибронов, Аловиддин Ибронов ва Рамазон Иброновҳо ба  воситаи Валӣ Шеров як нафарро   бе  гуноҳ дар шаҳри Хабаровск подставит карда  зиндонӣ  намуданд. Ин нафар Хушаков Саъдӣ соли таваллудаш 1991  мебошад, бегуноҳ буд. Аз ҳисоби бадбинӣ нисбати Хушаков Саъдӣ ба ӯ туҳмат заданд, ки ба давлати  Сурия маблағ равон кардааст. Ҷомӣ, Аловиддин ва Рамазон нисбати оилаи  Хушаковҳо хиёнати сахт  намуданд. Бародарони  Хушаков Саъдиро аз Русия депортатсия намуданд. Валӣ Шеров дар амният ва вазорати дохилӣ бо псивдоними «мулло» машҳур  мебошад.

Поёни бахши дуввум, давом дорад бо Ислоҳ бошед….

Сообщение Наҳанг»-и Сангвор кист? Бо Заринаи Эмомалӣ раҳмон чи алоқа дорад? появились сначала на ISLOH.net.

Шикояти Панҷиҳо аз вазъи маориф ва дигар соҳаҳо
(бахши севвум)

Аз шумо хоҳиш мекунем, ки ин навиштаро як видео карда ба мақомдорон расонед, то Эмомал Раҳмонов пешвои оила бохабар шавад, ки дар асл дар кишвар чиҳо мегузарад. Аз мактаб шурӯъ мекунем. Ҷамоати Озодагон, деҳаи Шахмат.    Директори мактаби №11Давлатшоҳи Раҷабалӣ, соли таваллудаш 2.02.1991. Беш аз як сол мешавад, ки ба ин мактаб директор таъин шуд. Баъд аз омадани вай талабаҳо на рӯз доранду на ҳол. Касеро хоҳад пеш мекунад, касеро хоҳад мемонад.

Талабаҳои синфи10 ва11-ро мегӯяд «аз тарафи маориф хизмат равед вагарна аттестати хатми синфи11-ро намедиҳам, куҷое мерен, брен шикоят кунен. Агар хизмат равӣ, мактаб нахон, рав хизмат, биё аттестат медиҳам».

Талабаҳо мегуянд:  «хизмат намерам, хонданӣ мерам». Мегӯяд «пул биёр, барои дохил шудан, ман худам туро бурда тести экзамен мегузаронам».

«Боз духтарҳоро таҳдид мекунад, ки «духтарҳо агар хонданӣ нарен, мактаб нахонен». Дар деҳа касе пишаки ӯро пишт гуфта наметавонад. Барои онки боз ҳамкори амният ҳам ҳаст. Ҳама аз вай ибо мекунанд. Тағояш Шарофиддин Асомиддинзода мудири шӯъбаи маорифи ноҳия мебошад.»

Давлатшоҳи Раҷабалӣ як маҷлис доир намуда мактабро хеле таъриф кард, ки барояш ин кардему он кардем. Аммо дар асл тамоми корҳои навсозиву таъмиру тармими мактабро мо худамон-муаллимҳо, талабаҳо ва мардуми деҳа анҷом додаем ва то ҳоло ҳам худамон ин корҳоро карда истодаем. Ҳоҷатхонаи мактабро аз Русия пул мефиристем, то мошин омада тоза кунад.

«Ба худо қасам акаи Муҳаммадиқбол худамон 3 моҳ пеш ҳоҷатхона сохтем. Беш аз 30.000 сомонӣ аз Русия ҷамъ карда роҳӣ карданд.Тахминан таги 40.000 сомонии дигар барои тамоми мактаб ва синфхонаҳо камера харидем ва барои як чанд телевизори дигар пул фиристоданд аз Русия бачаҳои муҳоҷирмон. Ҳамаи ин чизҳоро харида соз кардем.Сипас директори мактаб Шарофиддин Асомиддинзодаро даъват кард, ки бубин, ман хело пешравӣ кардам. Аслан вазифаи директориро ба Давлатшоҳи Раҷабалӣ барои бузӣ карданаш додаанд.Ӯ як одами бесавод аст. Панҷ моҳ дар компютер хонд, аммо то ҳол ақлаш намегирад. Давоми чанд соли кораш фақат хабаркашӣ кард:- ба маориф ва амният. Сипас ин вазифаро соҳиб шуд. «Ма зурм мега, дар ин ноҳия маро касе ягон кор карда наметона».

Вақте чанде аз талабаҳоро пеш карду онҳо хостанд, ки раванду ба мактаби рақами 1 таҳсилро идома диҳанд, аммо дар онҷо онҳоро қабул намекунанд ва мегӯянд, ки директори мактабатон иҷозат намедиҳад, то шуморо қабул кунанд.

Аммо ин Давлатшоҳи Раҷабалӣ танҳо нафаре дар Панҷ нест, ки бузи амниятиҳо шуда бошад.

Боз як бузи дигар ҳам ҳаст. Иззатов Тоҷиддин, бо лақаби Тоҷи сиёҳ. Як тағои ӯ дар шаҳри Кӯлоб прокурор аст. Аз пушти ҳамон ҳамаи милисаҳоро метарсонад. Мошинаш ягон намуд ҳуҷҷат надорад. Вақте мошини ӯро қарор медиҳанд, ин Тоҷи сиёҳ як сигнал дода меравад, намеистад. Феълан дар Қараболои ноҳия дар «Ёрии таъҷилӣ» кор мекунад, то бинад, ки дар хонаҳои мардум чи мегузарад, чунки бузи амниятиҳо аст. Касе як табақ ош карду як нон дод ин буз ба танзим хабар мекашад.

» Бовар кунед, ки директори мактаби рақами 23  бошад як даҳмардаи тайёр аст. Як чизи дигарро бигӯям, ки дар ҳамин моҳи Рамазон ҳам дар баъзе минтақаҳои ноҳия светкуширо сар кардаанд. Ин беимонҳо бояд дар ҳамин моҳи муборак ҳам мардумро ғам диҳанд. Бояд намонанд барои ифторашон аз қувваи барқ истифода бурда бароҳат хурокашонро пазанд. Чанд руз аст ки ҳамин аҳвол аст. Айни ҳол таъмири ҳамаи мактабҳои ноҳия ба таври маҷбурӣ аз ҳисоби халқ ҷараён дорад. Синфҳои 11ро ҳам маҷбурӣ ба сафи артиш бурда истодаанд.»

Дар мактаби деҳаи «Коммунизм» низ аҳвол ҳамин хел аст. Бачаҳо аз Русия пул фиристоданд, майдончаи варзишӣ рост карданду барои мактаб замини ҷудошударо Сертификат   карданд. Барои сертификат 3000 сомонӣ доданд. Ҳоло директори мактаб як бачаи соли таваллудаш 94 ва даҳмарда аст. Ҳамагӣ чил руз курс хондагӣ аст. Духтаре ба номи Оиша як сол хонда омад. Ҳамин директори мактабро 3000сомонӣ дод, баъд ба кор қабул кард. Ҳар касе бихоҳад муаллим ва ё муаллима шавад аз 1500 то 3000 сомонӣ пора медиҳад, сипас ба кор қабул мекунад. Директор мегуяд, ки ин пулро ба маориф медиҳад.

» Шарипов Саъдулло, яке аз кормандони шуъбаи маориф вақтҳои пеш муаллими бонуфузи ноҳия буд. Гоҳо бо ӯ ҳамсуҳбат мешавам, мегуяд, ки ҳамаи коргарони маориф шахсони порахури бесаводанд, фақат корашон аз директорҳои мактаб пора гирифтан аст. Онҳо парво надоранд, ки савод дорӣ ё надорӣ. Гуспанд ё пул гирифта ба кор қабул мекунанд. Ҳамин Шарофиддин Асомиддинзода ва Саймиддин «отделкадр»-и шуъбаи маориф аз қишлоқи Ёзганд мебошанд. Саймидинро Набӣ Искандаров, як мақоми масъули  Суди олӣ «кришават» мекунад. Набӣ ҳам аз Ёзганд аст.»

Асомиддинзода Шарофиддин айни ҳол мудири маорифи Панҷ аст. Ӯ яке аз порахуртарин нафарони Панҷ мебошад. Вай аз ҳисоби порахурӣ дар маориф соҳиби чанд хона дар шаҳр, чанд ресторану марказҳои савдо ва мошинҳои қиматбаҳо шуд. Мошинаш “Prado”и сиёҳ, номерҳояш 0008 03 мебошад. Бензини ин мошини серрасход ба навбат аз ҳисоби директорони мактабҳо таъмин карда мешавад.

Вай ҳамаи ободкориҳоеро, ки дар мактабҳо аз тарафи халқ ва пули халқ анҷом дода мешуд, санадҳои қалбакӣ тартиб дода аз буҷаи маориф «списат» карда дар кисааш мезанад. Директорони мактабҳо аз хонандаҳо пул ҷамъ карда ҳар моҳ ба ӯ доля медиҳанд. Ӯ аз ҳар директори мактаб 5 то 10 ҳазор сомонӣ гирифта ба вазифа таъин менамояд. Дар ноҳия 54 мактаб мавҷуд мебошад. Мудири маориф ҳаргоҳе дар хонааш ягон тую маърака барпо кунад, бояд ҳар як директори мактаб аз муаллимҳо1000 то 2000сомонӣ ҷамъ намуда ба ӯ ҳамчун туёна бурда диҳед. Доимо директорон дар мактабҳо бо баҳонаи обуна пул ҷамъ карда ба ӯ бурда медиҳанд. Ӯ ҳар сол то7 ё 8 ҳазор сомонӣ ба ҳар мактаб вобаста ба шумораи хонанда ва муалимонаш пули обуна мефармояд ва ин пул аз ҳисоби муаллимони бечора дар чанд моҳи маошашон ҷамъ ва супорида мешавад.

Даъват ва ҷалби ҷавонҳо ба хидмати сарбозӣ ба вай дахл надорад. Аммо вай ба зиммаи ҳар директор овардани як нафари сарбозро маҷбурӣ вогузор мекунад. Агар аз уҳдааш набароянд онҳоро мутаҳҳам мекунад. Директори мактаб ё 5000 сомонӣ дода гиребони худро халос мекунад ё ки бояд як ҷавонро ба сарбозӣ ҷалб кунад.

Вай хело чоплуси зирак аст. Вақте ки ягон гуфти худашон (калон) ба ноҳия меояд, ӯ дар пешаш чоплусӣ карда худашро ширин мекунад ва ӯро дар ресторанаш зиёфат дода кисаашро пур карда аз худаш розӣ мекунонад,то дар боло дар бори ӯ рекомендатсияи мусбат диҳад. Ӯ соли 2009 ба ин вазифа таъин шуда буд. Дар мудати 5 -6 сол аз ҳисоби порагирӣ хело пулдор шуд.Сипас чанд сол дар вазифаи муовини раиси ноҳия кор кард. Аммо номзадиаш ба вазифаи раиси ноҳия нагузашт. Баъди муовинии раиси ноҳия ӯро дар ҳукумати вилоят мудири бахши экспорт ва импорт таъин карданд. Дар ноҳияи Панҷ на экспорт аст , на импорт ва ҳамааш дар идораи оилаи пешво қарор дорад ва аз онҷо ягон чи начакид. Аз ин сабаб дар онҷо онқадар порахуриӣ карда натавонист. Дар вилоят «ходаш» надоданд ва дид, ки аз ҳама ҷои фароху даромаддор барои ӯ шӯъбаи маориф аст. Боз пора дода ба вазифай пештарааш -мудири шӯъбаи маориф таъин шуд. Ҳоло бошад боз мисли пештара мисли кана хуни муаллимҳои бечораро хурда истодааст.

Мудири собиқи шуъбаи маориф Матлуба Чутова буд. Вай ҳам умуман савод надошт вале 5000доллар дода вазифаро гирифта буд Бо Маҳмадюнуси бачаи Кабуд Сайфидин, раиси пешини ноҳия алоқаи маҳрамона дошт. Ба ҳамн сабаб буд, ки то замоне Маҳмадюнус раиси ноҳия буд вай ҳам ҳамчун мудири маориф кор мекард. Ин Чутова Матлуба баъди давраи аввали мудири маориф будани Шарифиддин Асомиддинзода ба ҷои вай омад. Вале чуноне гуфтем Шарофиддин боз дуюмбора пора дода вазифаро гирифт. Вақте вай ба ҳайси мудири маорифи ноҳия кор мекард, тамоми квотаҳоро ба пул мефурӯхт. Аз ҷумҳурӣ ва вилоят барои ҳар як ноҳия квота барои донишгоҳҳо ҷудо карда шудааст. Вай, барои мисол квотаи Донишгоҳи миллӣ ва ё тиббиро аз 3 то 5.000 доллар мефурӯхт. Шахсан, як нафарро Шарипов Саъдулло пеши ӯ равон кард, то ки духтарашро квотаи Донишгоҳи тиббӣ бидиҳад. Ӯ рӯирост мегӯяд, ки танҳо ба хотири Шарипов Саъдулло 1500 доллар медиҳӣ, дохилаш мекунам. Аммо вай розӣ намешавад. Он духтар худаш мустақилона ва бо дониши худаш дар донишгоҳи ба номи Носири Хусрави Бохтар дохил мешавад. Ин Матлуба бо ҳамдастии раиси ноҳия Маҳмадюнуси Сайфиддин дар Мирзоянс чандин заминҳоро гирифта ва хона сохта фурухт. Бачаи Кабуд Сайфиддин ҳам ҷинояткор аст ва ҳам зинокорӣ ва низ мамарозагӣ карда ба одамони пулдор духтарҳоро мефурӯхт. Ё барои онҳое, ки аз Душанбе ва ё вилоят барои тафтиш оянд, духтарҳоро «туғрӣ» мекард. Вай нафақат бо Маҳмадюнуси Сайфиддин, балки бо бисёр нафарон муносибатҳои маҳрамона дошт. Чи хеле гуфтам, ҳангоме аз боло барои тафтиш меомаданд, ӯ ба онҳо баъзе муаллимаҳои сабукпо ва ё духтарҳоро барои … тайёр мекард.

Ин бачаи Кабут Сайфиддин аз ҳар саг як устухон қарздор аст. Юсуф ва Юнус ҳарду бачаҳои Кабуд Сайфиддин инсонҳои касиф ва фосиқе мебошанд. Юсуф бо наркотик ҳам машғул аст. Писари ҳамин Юсуф сардори ОБНОНи вилоят аст. Онҳо бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси пешини Маҷлиси намояндагон қудоянд. Духтараш келини Зуҳуров аст. Ойҷони директори бозори Панҷ духтархолааш аст.

«Инҳо як гуруҳе ҳастанд духтарҳоро бурда дар ҷойҳои махсус тани бараҳна карда дар пешашон рақс мекунанд. Ин Маҳмадюнуси писари Кабути Сайфиддин ҳангоми раиси ноҳия буданаш дар хоҷагии Мирзоянс дар 25 гектар пахта мекорид. Дар онҷо дар таъминоти об танқисӣ ҳаст. Бовар кунед, Алишери писараш соли дароз мардумро намемонд, ки зироатҳояшонро об диҳанд. Мардумро дашномҳои қабеҳ дода лату куб мекард. Бо ёрдамчиҳояш мардумро метарсонд, ки обро касе нагирад, дар ҳоле, ки онҳо андози обро саривақт медиҳанд. Соли дароз фақат заминҳои худашро об медод ва доимо бо мошинаш дар он маҳала гашта фақат зинокорӣ ва ба баъзе занҳои шавҳардор руирост таклиф мекард.Чандин касҳо аз пушташ ва барои корҳои ҳаромаш шикоят мекарданд, вале ӯро ҳеҷ кас ҳеҷ чиз гуфта наметавонист.»

Дар бораи ҷиноятҳои раиси пешини ноҳия Маҳмадюнус Сайфиддин инро гуфтаниам, ки вай пеш аз Шоҳиён Зарифхуҷа раиси ноҳияи Панҷ буд. Ӯзодаи ҷамоати Кабути Сайфиддини ноҳияи Панҷ аст. Барои раиси ноҳия шуданаш 70ҳазор доллар пора дода буд. Ин маблағро аз ҳар кас қарз гирифта буд. Баъди раис шуданаш аз ҳар сагу пишак қарздор шуда ва барои қарзашро адо кардан заминҳои ноҳияро фурухт. Корҳо анҷомдодаи сокинони ноҳияро аз ҳисоби буҷҷаи ноҳияи “списат” карда мегирифт.

Ҳамаи соҳибкорони ноҳияро доля мебаст. Бо ҳар роҳу восита буҷаи ноҳияро медуздид. Заҳбурҳои ноҳияро намеканд ва аз буҷети ноҳия пулашро бо водхоз списат карда дар кисааш зада халқро маҷбур мекард, ки худашон пул ҷамъ карда экскаватор оварда заҳбурҳоро кананд. Уро ҳеҷ кас гап зада наметавонист, чунки уро Шукурҷон  Зуҳуров “кришават” мекард.

«Маҳмадюнуси Сайфиддинро барои онки ба Дастгоҳи иҷроияи Президент роҷеъ ба сели омада дар ноҳия маълумоти бардурӯғ дод аз кор сабукдушаш карданд ва ба ҷояш Шоҳиён Зарифхуҷаро оварданд.»

Ин нуктаро бояд махсус зикр намоем, ки  чарогоҳҳои ноҳияи Панҷро хусурбачаи Эмомалӣ Раҳмонов ҳоҷӣ Раҳматулло ва пистаи куҳҳоро бошад ширкати “Фароз”-иШамсулло Соҳибови домоди Раҳмонов аз мардум шапида гирифтанд. Ҳоло бошад чарогоҳҳои маҳалларо ҳам кашида гирифтанд. Кор ба дараҷае расидааст, ки дар як дашти кушод гову гусфандонамонро аз хона бароварда наметавонем.

Наход инсон то ин дараҷа гурусначашм бошад.

Мардуми маҳаллаи Коммунизми ҷамоати Намуна пул ҷамъ карда дар чарогоҳи деҳаашон барои гову молашон ҳавзи об сохтанд то гову гусфандашон аз онҷо об хуранд, вале 2моҳ мешавад Абдуалими раиси Идораи ҷангал ба порахурони Кумитаи замини ноҳия Маҳмадалӣ ва Сайнуриддин пора дода заминҳои чарогоҳ ва ҳавзи ин маҳалларо ғайриқонунӣ барои рамаи моли ҷиянҳояш забт карда гирифт. Мардуми деҳа бошад ҷамъ шуда рафта эътироз карданд ва уро аз онҷо пеш карданд ва ба прокуратура аризаи шикоятӣ навиштанд. Аммо Абдуалим боз рафта пора дод ва баъди ду руз экскватор оварда гирди чарогоҳро канда маҳкам карда гирифт. Абдуалим аз Данғара буда қудои хусурбачаи президент мебошад. Вай мардумро дашномҳои қабеҳ карда гуфтааст: ”агар то президент ҳам шикоят кунед,ягон кор аз дастатон намеояд”.

«Аламовараш ин аст, ки прокуратура ҷойи онки ҷинояткорро ҷазо дода мушкили мардумро ҳал кунад, ҳамаи нафарони шикояткардагиро аз 5ҳазор то 10ҳазор штраф ва ба онҳо таҳдид кардааст, ки “агар як бори дигар эътироз ва шикоят мекунед, вазъатонр безеб мекунам”. Ҳоло бошад чарогоҳҳои маҳаллаҳои дигарро ҳам гирифтанианд. Ин порахурони кумитаи замини ноҳия аз ҳад гузаронидаанд, бояд нисбати онҳо ҳатман чораҷуӣ карда шавад. Ҳамаи заминҳои обии ноҳияро бо ҳамдастии раиси ноҳия ва дигар мақомот фурӯхта истодаанд.»

Мисол меоварам. Ҳамин Шарипов Сайнуриддин ҳамаи заминҳои Мирзоянси ҷамоати Намунаро бо ҳамроҳии раиси ҷамоати пешини Намуна бо нархи 1800долларӣ фурухтанд ва аз ин пул ҳиссае ба раиси ноҳия ва прокурор дода дигарашро ба кисаи худ заданд.

«Мисоли дигар. Дар деҳаи Сангвори ҷамоати Меҳвар замини як марди камбағали бечораро бо баҳонаи беҳуҷҷат буданаш кормандони кумитаи замин ва раиси ҷамоат Назриев Маҳмадёр бо фармони прокурор кашида гирифтанд ва прокурор бошад он заминро ба ивази 25ҳазор сомонӣ ба ҳоҷӣ Мирзовалӣ фурухт ва гуфт дар он як коргоҳи дузандагӣ месозӣ ва мегуӣ он заминро бепул гирифтааст. Агар пул додам гуфтанатро шунидам маҳкамат мекунам.»

Ҳоҷӣ Мирзовалӣ дид, ки кашмакашаш бисёр фоида надорад ягон иморат насохта аз баҳри пулаш ҳам гузашт. Ин масъулини ноҳия корашон фақат ғорат кардани халқ аст. Деҳаҳои Мирзоянс ва Комунизми ҷамоати Намуна азбаски дар тепаҳо ҷойгир ҳастанд ҳатто оби нушиданӣ надоранд, мардуми бечора обро бо мошину бо хар мекашанд.

Имсол боронгарӣ кам шуд. Ҳама зироатҳо аз беобӣ сухтанд. Дар ҳоле, ки насосҳо аз давраи шуравӣ боқӣ мондаанду вайрону валангоранд касе аз масъулини ноҳия дар фикри таъмини оби он маҳалҳо нест. Баръакс раиси ноҳия Шоҳиён Зарифхуҷа шарм накарда дар маҷлисҳояш раисони маҳалаҳои ин ҷамоатро хезонда сиёсат мекардааст, ки шумо аҷаб мардуми беномус будаед. Қариб 700 хоҷагӣ ҳастед аз уҳда намебароед, ки насоси маҳалатонро таъмир карда обатонро таъмин кунед.

«Ҳозир дар мактаби деҳаи «Коммунизм» ҳисоб кардаанд, ки бояд аз ҳар як хонанда150 сомонӣ ҷамъ кунанд, то ин ки 6 ё 7 синфхонасозанд. Ин хам дуруст аст ки барои муаллимӣ пора дода кор мекунӣ. Бар иловаи ин ҳама директор ҳармоҳа аз 50 то 200 сомонӣ аз маоошашон мегирад ва мегӯяд, ки барои маориф. Бовар кунед, муаллимаҳое кор мекунанд, ки забони давлатиро 20% ҳам намедонанд. Аксари узбекзабонони ноҳияи Панҷ дар соҳаи тандурустӣ ва маориф кор мекунанд. Ин узбекон бо маоши паст кор мекунанд, боз пора медиҳанд. Аммо ҳеҷ гоҳ иқрор намешаванд, ки пора додем. Бисёр вақт шахсан бо кормандони ГАИ баҳс мекунам. Онҳо мегуянд шумо тоҷикон фақат баҳс мекунед. Узбек дар ҳол пора дода рафтан мегирад.»

Ҳоло мардум ин маҳал аз ҳама оилаҳо 600сомонӣ ҷамъ карда истодаанд то насосҳоро таъмир карда ба маҳалҳояшон об кашанд. Мо бошем сокинони дигар маҳалаҳой ҷамоати Намуна авҳоли мардуми маҳалаи Коммунизмро дида ба хулосае омадем, ки шикояти мо ҳам ба мақомот фоида надорад, баракс штраф карда мешавем ва барои ҳамин ба шумо навиштем, ки ба тамоми ҳалқи Тоҷикистон расонед, ки косаи сабрамон лабрез шудааст.

Дар ноҳияи Панҷ китобхонае  вуҷуд дорад, аммо бе китоб. Ҳайратовар ин аст ки коргаронашон дар хона шишта ҳар моҳ маошашонро мегиранд. Заминҳои гирду пеши бино кайхо бо қарори раиси нохия фурӯхта шудаанд  ва одамон дар инҷо хона сохтаанд. Ҳолати биноро бинед гуё, ки бино баъди ҷанг дуюми ҷаҳон боқӣ монда бошад. Оё инро раиси ноҳия Шоҳиён намедида башад? Чаро Шоҳиён барои худ дар шаш моҳи корӣ хонаи боҳашамат сохта метавонаду барои таъмири чунин бино коре намекунад. Инҷо боз як қитъаи замини барои сохтумони мактаби замонавӣ аст ки 4- сол мешавад Президентро фиреб дода лентаашро бурида буданд. Ҳоло бошад ин замин ба чарогоҳи гову моли мардум табдил шудааст. Як бинои боғчаи бачагонаро талаву тороҷ намуда заминашро бо қарори раиси ноҳия ба хешу табори худ фурухтаанд.

Инро ҳам бояд бигӯям, ки махсуми Ҳабибулло бачаи махсуми Ҳандуло мебошад. Вай дар масҷиди ҷамоати Намуна хатиб аст. Аввал эшони Хуршед хатиб буд. Ӯро аз кор гирифтанд. Сабаби гирифтанаш ин буд, ки дар вилоят маҷлиси калон мешавад. Ин эшонҳо ҳам дар онҷо ҳузур доранд. Дар маҷлис ба онҳо мегӯянд, ки шумо имомхатибҳо мардумро насиҳат намекунед. Бачаҳо Сурия рафтанд ва дар Гуруҳи 24 ва Паймони миллӣ шомил шуданд. Эшони Хуршед аз ҷо мехезад ва иҷозаи сухан мегирад ва мегӯяд, ки барои он ба Сурия ва ҳар ҳизбу ҳаракатҳо шомил шуданд, шумо масҷидҳоро бастед, намози то 18солаҳоро манъ намудед ва муллоҳоро нагузоштед, ки сабақ диҳанд. Барои ҳамин ин ҳама айби худи ҳукумат аст, мегуяд эшон. Барои ин суханаш сардори амнияти вилоят фармон медиҳад, ки маҳкамаш кунед. Вале як эшони куҳнасол аз тарафи Куйбеш ё Қизилқалъа мегуяд, ки “истед, ҳамин одам рост мегуяд”. Баъдан эшонро аз кор то хона наомада аз имомхатибӣ ҷавобаш медиҳанд.

Ҳукумати ноҳияи Панҷ корпуси насосро овард.Қисмҳои эҳтиётии он 60 ҳазор сомонӣ арзиш доштааст. Аз ҳар хоҷагии маҳалла аз 400 то 500 сомонӣ маҷбурӣ пул ҷамъ мекунанд. Мегуянд, ки агар хоҳед заминҳоятонро об диҳед бояд ин миқдор пулро супоред. Соли 2019 ин насосҳоро иваз карда буданд. Аз Хитой оварда буданд ва гузориш дода буданд, ки мо ҳамаашро нав кардем. Аммо як сол нагузашта ҳамааш сухту корношоям шуд. 1миллион доллар ҷудо карда аз ҳисоби буҷҷа пулро гирифтанд. Аммо мардум порсол обро хариданд. Аммо зироатҳо аз камобӣ сухт. Вале маҷбур карданд, ки андози обро медиҳед, чунки заминҳои шумо обӣ ҳастанд. Имсол ҳам дар ҳамин моҳ  ҳар як хоҷагии маҳалларо маҷбур карданд, ки 500сомонӣ медиҳед, кадоме надиҳад ба участковий медихемаш то штрафаш кунад. Сайалӣ Маликов, раиси маҳалла мардумро фақат аз нозири минтақа метарсонад. Дар инҷо чанд нассоси калон барои мардум хизмат мекард. Ин насосҳо аз давраи шӯравӣ мондагӣ буданд. Аммо ҳоҷӣ Раҳматулло онҳоро фақат барои заминҳои худаш истифода мекунад. Ҳатто яктои дигараш, ки то порсол барои мардум кор мекард, онро ҳам ин беимон бурд. Гуфтааст, ки ноҳияи Панҷ дар ихтиёри ман аст “форам любои чизашро мебарам ягон кас ҳақ надорад манро гап занад”.

Бачаҳои насосчӣ гуфтанаш, ки насосро мебарӣ мардуми маҳалла беоб мемонанд, ин беимон ҳамин ҷавобро дода боз таҳдид кардааст, ки “ба ман “по..уй”, ки мардум об мегирад ё не?”.

Дар ноҳияи Панҷ чор то буз ҳаст, ки номи яктоашро медонам. Худаш дар пеши ман ва ду се нафари дигар иқрор кард,ки “ҳар моҳ маро даъват мекунанд ба дастгоҳ ва  моро мегуянд, ки мардумро фаҳмонед бо мухолифин ҳамроҳ нашаванд, вайҳо хоинанд,мардумро роҳнамоии хуб кунед”. Номи ин шахс пеши Ислоҳ маҳфӯз аст дар ҳолати идома пайдо кардан онро расонаӣ хоҳем кард. Ин Бузи амният ҳар моҳ барои бузиаш 2500сомонӣ мегирад. Аз ҷамоати Намуна аст. Дигарҳояшро дақиқ намедонем ,вале ин бузи ҳамсоя чунин гуфт,ки яктои дигараш аз ҷамоати Озодагон ва сеюмаш аз ҷамоати Нури ваҳдат мебошад,ки мебинамашон дар идора.

Шахсе бо амният ҳамкории зич дорад пеш раиси мелкомбинати Қурғонтеппа буд. Солҳои 2002-2003 дар вазифаи раиси ҷамоати Намуна ҳам кор кардааст. Нафари дигар бо номи А  аз деҳаи Сангвор, ҷиянаш вазири ….. аст. Вай бачаҳояшро мегуфтааст, ки ба мардум бифаҳмонанд, ки бо мухолифини ҳамроҳ нашаванд, барномаҳои онҳоро тамошо накунанд, онҳо хоинанд.

Аммо бародар Муҳаммадиқбол  мо ба шумо ва мухолифин бовар дорем. Мо,кайҳо фаҳмидаем, ки хоин ҳаминҳо, ҳамин ғоратгароне Эмомалӣ Раҳмонов онҳоро бар сари мо гузоштааст, то моро зулм кунанд.

Умеди онро дорем аз вазири навтаини Маориф ва илми ҷумҳурӣ, то вазири дохилӣ ва прокуратура ва дигар ниҳодҳое шикоятҳои мо ба онҳо марбут аст мехонанду ба додамон мерасанд. Боварамон кунед вазъамон аз бад бадтар аст,  бидуни огоҳи намояндаҳоятонро фиристеду санҷед худатон. Агар боз намояндагоне бошанд, ки порагирӣ оянд лутфан нафиристед,ки ин ғоратгарони мо пул медиҳанду баъд аз мо он пули додаашонро ҷамъкарда мегиранд.

Поёни бахши севвум, идома дорад

Сообщение Шикояти Панҷиҳо аз вазъи маориф ва дигар соҳаҳо появились сначала на ISLOH.net.