Архивы ШВКД Истаравшан - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет»№65
Яке аз мушкилоте, ки солҳост мардум дар Тоҷикистон бо он рубару ҳаст ҷалби иҷбории ҷавонон ба сафи артиш ва тариқи облава ба сарбозӣ бурдани онҳо аст. Ин масъала ва мушкилӣ роҳи ҳали осон дорад. Ҳукумат метавонад,ки муҳлати сарбозиро то як сол поин фарорад ва ин мушкил ба таври автоматӣ ҳал мешавад. Бубинед, ки шумори ҷавонони синни даъват аз 600 то 700 ҳзор гуфта мешавад. Аммо дар Қувои мусаллаҳи кишвар 20.000 ё шояд 25000 хидмат мекунад. Фарқияти шумора чандин баробар.

Аммо азбаски сарбозгирӣ як манбаъи даромади чандмилионист, намехоҳанд усули муносиби ҳалли он татбиқ бишавад.

Чанд сол аст ки ҷор мезананд, ки Чоркуҳ ва навоҳии ВМКБ дар рӯзи аввали оғози мавсими даъват нақшаро иҷро мекунанд. Аммо дар аввалин матлаби ин навбати Номаҳо аз ноҳияҳо рушан мешавад, ки иҷрои нақша дар Чоркуҳ он чи гуна таҳдиду фишору ҷабр сурат мегирад:

Чоркуҳ

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Мо мехоҳем имрӯз дар бораи Чоркуҳ каме маълумот диҳем. Дар Чоркуҳ чанд рӯз шуд, ки боз «облава» сар шуд. Барқро хомӯш мекунанд. Условия мондаанд, ки то аскар надиҳед, барқ нест. Ва мегуянд агар бачаҳоятон аз Русия омада хизмат нараванд, масҷидҳоро маҳкам хоҳанд кард.

Раҳмонов ва тарафдоронаш! Шумо каме бошад ҳам шарм доред, аз Худо наметарсед? Наход барои сарбоз шуда хонаи худоро истифода баред, астағфируллоҳ, аз Аллоҳ битарсед. Дар Чоркуҳ айни ҳол вазъият ором аст. Мегуянд қирғизҳо мардумашонро аз деҳаҳои наздимарз бароварда истодаанд. Чаро мақомот мардумро огоҳ намекунанд?

Мақомот байни худ кор мекунанд. Ҷанге, ки 27-28 апрели соли 2021 шуд, Лайсиддин хеле пули калон кор кард, кудакҳоро ба пеш сар дода молу амволи қимати қирғизҳоро дуздид, ба монанди Қайсаи абрикос, гову гусоладуздӣ кард.

Худам дар онҷо будам. Лайсиддин Шаропов силоҳи шикорӣ дошт. Ба дасти кудакҳо бензин дода хонаҳоро оташ занед гуфт, аммо худаш аз паи ғоратгарӣ буд.

Дар бораи Абду Кабуд. Абду Кабуд бо Ҳаит гуфтанӣ одам кор мекард. Ҳаит аз маҳаллаи Қуруқ буд. Ҳаитро тақрибан як сол пеш бо 25 килограмм нашъа дастгир карданд. Ҳоло тамғаи мошине, ки Абду меронад BMW F10 рақами давлатиаш 0010 аз они Ҳаит аст вале ӯ тавре вонамуд мекунад, ки гуё мошини худаш бошад. Ҳама мардум медонанд, ки бо пули ҳаром кор мекунанд. Ва аз тарси ҷонашон чизе намегуянд

Дар Чоркуҳ шермардон зиёданд ва оромона кор карда истодаанд.

Дар милисахонаи Чоркуҳ Зафар ва Фараҳманд, худатонро лидер нагиред! Мо шуморо назорат карда истодаем. Мо аз ин сагҳо наметарсем. Мо танҳо аз Худо метарсем ва ба ӯ бовар дорем.

Зафару Фараҳманд ба пулу моли мардум чашм ало накунед, даст бардоред аз зулму ситаму аз порахурӣ. Фараҳманд руирост аз бачаҳое, ки ҷавон ҳастанду мошинҳои қимат меронанд, пора талаб мекунад.

Бародар Муҳаммадиқбол! Дар Ютуб номи барномаро Чоркуҳ, нависед то ҳангоми Чоркуҳ навиштан барояд ва бинанд.

Бе ҳамин ҳам тамоми кормандони мақомот ба “Ислоҳ” обуна ҳастанд ва ҳар боре, ки номаҳо нашр мешавад, бо тарсу ҳарос тамошо мекунанд, ки мабодо корҳои ҳароми моро мардум нагуфта бошад.

Чашму гуши Ислоҳ мо ҳастем ва бо “Ислоҳ” кор мекунем. Ҳар ончи шумо худобехабарон анҷом медиҳед ба “Ислоҳ” ночаконида мерасонем.

Ёвон

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва барокотуҳу. Бародари азиз Муҳаммадиқбол! Мо дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорем. Аз ноҳияи Ёвон мешавем. Аз ноҳия барои мо бисёр хабарҳои безеб расида истодааст. Масъалаи «облава»-ро имосл назар ба солҳои пештар боз ҳам вазнинтар карда истодаанд.

Аз ҳар хоҷагӣ 100 то 150 сомонӣ ҷамъ карда истодаанд. Вай хоҳ бачаи сини даъват дорад,хоҳ надорад. Ба мардум гуфтаанд, ки бо ин пул аз дигар ҷо сарбоз мехаридаанд. Ин кор дақиқан дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх, ки раиси ҷамоаташ Солиҳов Маҳмадрасул мебошад бештар ба назар мерасад.

Боз ба ғайр аз ин, аз оилаҳое, ки 2 ва ё 3 фарзанди синни даъват доранд, ба маблағи 5000-6000 сомонӣ мегиранд. Агар берун аз маҳала ҳамон ҷавони пулдодагиро дастгир кунанд, боз ба хизмат кашон- кашон мебаранд

Шаҳринав

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садридин. Мехоҳем номаи моро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед. Мо як гурӯҳ ҷавонон аз деҳаи Меҳргони ҳозираи ноҳияи Шаҳринав ҳастем.

Дар бораи як золиме ба ном Исмоили Акрамзод бароятон мегуем. Ин золим солҳост мардуми деҳаро азият ва бехонумон карда истодааст. Кличкаи вай кун аст. Ва бо ҳамин лақаб машҳур мебошад. Вай раиси деҳа аст. Аз мардум бо ҳар баҳона пул мегирад. Бузи амният ва отдел ҳам ҳаст.

Дар моҳи  рамазон дар намози таробеҳ кудакҳое, ки ба масҷид намозхонӣ меомаданд, онҳоро фурухт. Ин кудакҳои бечораро қапиданд ва падару модарони онҳоро ҷарима карданд. Ин раиси деҳа хонаҳаром аст. Зани се талоқаро дубора оварда зиндагӣ дорад. Боз изо накашида мегуяд, ки «да ма домло Ҳикматулои ғармӣ иҷозат дод, ки зиндагӣ кун».

То ҷое медонем ё шунидем се талоқаро ба ғайр аз шавҳари дигар кардан ва агар ҷудо шаванд баъдан метавонад ҳамсарашро гирад ..

Исмоил Акрамзодаи «кун» аз номи Мурод телехи президент гап мезанад. То вақте  Зайд Саидов дар сари кор буд, аз номи Зайд гап мезад, чунки домоди бародари Зайд Саидов мебошад. Мардуми деҳаро ба ду тақсим кардааст. Кадоме кунлесакӣ   мекунад одами худ медонад, кадоме, ки кунлесакӣ намекунад, бадбинӣ карда душмани худ меҳисобад. Мо хеле аз ҷиноятҳояшро медонем. Вале агар бузишаро идома диҳад маҷбурем бинависем. Номи деҳаи мо пеш Маркобод буд. Ҳозир Меҳргон шуд.

Боз ин Исмоили Акрамзода корҳои ҷодугарӣ ҳам мекунад, ки дар номаҳои оянда онҳоро хоҳем гуфт.

Кулоб

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Дар ҳақиқат шумо орому қарори милисаву амнияти ин режими Раҳмонови палидро аз байн бурдаед. Ҳоло мисли саги девона шудаанд ва намедонад аз пойи кӣ бигиранд ва киро бигазанд. Гап дар инҷост ки чанд рӯз мешавад ментҳои Кулоб хона ба хонаи мардум гашта телефонҳоро проверка карда истодаанд, ки кӣ ба «Ислоҳ» хабарҳоро мерасонад. Таҳдид карда истодаанд, ки агар бо “Ислоҳ” робита дошта бошед 5000 сомонӣ ҷарима мхоҳед шуд. Махсус Кулобро сахт гирифтаанд, чунки дар вақташ ҳамин мардум буданд, ки дар даст силоҳ гирифта ҷангида буданд ва Раҳмоновро сари қудрат оварда буданд. Имрӯз аз сидқ мегуям ана ҳамин мардуми Кулоб сарсахтарин душманони ин режим шудаанд.

Панҷ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз ноҳия Панҷ ҳастам, аз ҷамоати Нури Ваҳдат. Саволи ман ин аст ки чаро дар барномаҳоятон як бор номи Панҷро намегиред? Ё шояд мардуми Панҷ ба шумо наменависанд? Ман аз панҷиҳо хоҳиш дорам, ки бо Шумо ҳамкорӣ кунанд.

Ман як, ду чизро мехоҳам ба шумо бародар Муҳаммадиқбол бирасонам. Дар деҳаи Вахё як оила ҳаст, Самиюфҳо мегуянд.

Дар ҷамоат писари Ҷумъа раис аст. Ду се сол пеш мактабро 40 рӯза хонд. Вай, намедонам шояд 40 -50 сола бошад ва як додар дорад, Бахтиёр, дар КГБ кор мекунад. Мардуми Вахёро мефурӯшад. Қариб ҳамаи онҳо буз ҳастанд. Ба фикрам якто бародар доранд, Бахтовар, ки   вай мисли онҳо нест. Аммо дигарҳояшон ҳамагӣ буз мебошанд.

Мардумро мефурӯшанд, хизмат равон мекунанд. Бахтиёр ба ту гуфтанием, ки бузиятро бас кун. Рӯзе мешавад ба суроғат хоҳем омад.

Дар бораи чанде аз бузҳои деҳаи Вахё дар навиштаҳои баъдӣ маълумот роҳӣ мекунам.

Ба мардуми қишлоқам гуфтанитам: «э, мардум ман хоин нестам, танҳо мехоҳам, ки ин Чингизхон аз сари қудрат равад. Вақте дари масҷидро баст валлоҳ дилам тоқат накард. Медонам ҳамаатон Ислоҳро тамошо мекунед ва ин сухани манро гуш мекунед.

Дар бораи мактаб гуфтаниам, ки директори мактаб Додарбек аст. Ӯро ҳама мири Мафтун мегуянд. Вай хизмат рафт. Аз хизмат омад, дар ноҳия Панҷ милиса буд. Як бузи тайёр аст. Баъд корро дар онҷо бас кард. Аз даҳони худаш шунидам, ки мегуфт вақте милиса будам началник милиса мегуфт рав мошинамро бензин рез. Маошам ба худам,ба раҳпулиам намерасид. Рафту дар куҷое 40 рӯз хонду омад муаллим шуд. Аввал информатика дарс медод. Дар синф мешишт, талабаҳо бо ҳақорат ҳамроҳаш гап мезаданд. Занаш ҳам муаллима аст. Хусураш чи амали калоне дорад.

Дар он вақт Ғайратова Санавбар директор буд. Директори соз буд. Фарзанди ман танҳо аз ӯ метарсид. Номашро мегирифтам метарсид ва мехонд. Баъд, Таҳмина  духтари Орзуи Комил директор шуд, ки ӯ номашро базур менависад.

Вай як ду сол кор кард, аммо натавонист. Ҷояшро ба писари акаи шавҳараш дод.

Номаш Фируз. Ин кораш арусбозӣ буд. Баъд аз Фируз ҳамсинфаш Мири Мафтун директор шуд. Валлоҳ қасам аввалҳо имзо карда наметавонист. Ман рузномаи писарамро тафтиш мекардам ва медидам, ки имзо гузошта наметавонист. Ҳозир ҳам бесавод аст.

Ба раиси ҷамоат Самиев гуфтаниам, ки аз авлодат чанд наафр хизмат рафтааст, ки ҳоло бо авлодат мардумро мефурӯшед? Ҳукумат бояд ин бесаводро аз курсӣ гирад ва ягон нафари шоистаро оварда монад.

Ин бадбахти Самиевҳо хамаи мардумро бозичаи дасташон кадагӣ ҳастанд.

Чумъа падари он 9 писар мурд он Ҷумъа бо президент як бор салом кадаги будаст дигар тамом.  Дар куҷое мешишт мегуфт ман бо президент салом кардам.  Ин гапро дар маҷлис дар мактаб дар қатори падару модарон шинонданаш ӯ дар маҷлис гуфт ҷои ман инҷо нест, ҷои ман дар бари боло бояд бошад ва қаҳр карда рафт.  Пас аз чанд  рӯз ҳамон директори мактабро аз вазифа гирифт барои ин бе эҳтиромияш. Номи он директор Шукуров Ҳамза аст,  басаводтарин муалимми физика дар н Панҷ аст инро ҳама хуб медонад.

Ин мардуми Вахё аз гузаштааш мефахрад. Гузаштаамон ба номус буданд, ҳозир мо беномусем, ки духтаронамонро бе ҳаё кардаанд, масҷидро ба руйи кудакомон бастаанд. Ҳоло пурсиданиам, ки ку ҳамон дилу гурдаи мардуми Вахё? Э мардум бархезед, агар иффату имон доред бархезед!

Дар охир гуфтаниям: Эмомтапак истеъфо! Эмомтапак истеъфо!! Эмомтапак истеъфо!!!

Номаи дигар аз Кабуд Сайфиддини н.Панҷ

Асалому алекум ва раҳматуллоҳ домулло беҳтарин барномаҳо доред ва ҳаррӯза тамошо мекунем дар Панҷ. Дар Панҷи моҳам ду рӯз шуд маҷлис доранд, налогои заминотона супорен пешакиҳам пеш пардохт кунен. Охир девонамон карданд маҷбурӣ  ҳар бегаҳ дар  масҷид намози шома хондему эмоми масҷид мардумро гуфта истодааст налоготува супорен, охир ин чӣ рӯзи сиёҳ аст. Ҷамоаташ тамом накардаст, раиси маҳалла, инаш тамом накардаст Имоми масҷидҳо. Камтар шарм кунед охир ин чи гап аст? Ҳар шахсе хоҷагии деҳқонӣ дорад зери зулм қарор дорад. Бояд пахтаатро дар заводи пахта супорӣ. Ҳатто бовар кунен раиси ноҳия худаш кали Зариф гашта гуфта истодааст.

Дар умум вазъияти Панҷ дар умум хело бад аст рӯзи 27 уми сентябр  дар ҷамоати  Кабуд Сайфиддин ҳама кишлоқҳора тарафи застав тирпаронӣ бурданд. Облава, салдатҳо ками дошта бошадмардумро тирпаронӣ ёд додестан? Мо ҳайрон мешавем аз ин ҳолатҳо дар Панҷ.

Истаравшан
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ, муҳтарам устоди азиз Муҳаммадиқбол!
Ман, зодаи шаҳри Истаравшан ҳастам. Мехоҳам номи ман махфӣ нигоҳ дошта шавад. Дар бораи 3 корманди милиса, ки дар деҳаи Лакат дар рӯзи равшан дар қасди таҷовузи духтари 16 сола шуданд, бароятон баёнот доданиам.

Яке аз ин се нафар, ки дар наворҳо бисёртар дида мешавад Додобоев Фирдавс (Фирдавси  Рустамзода) аст.

Ӯро муовини сардори милитсияи шаҳри Истаравшан «кришагӣ» мекардааст. Вай аз деҳаи Қалъачаи Калон аст. Дар «паспорний стол» кор мекунад. Барои қабули аризаи шаҳрвандон ва додани паспорт хоҳӣ-нахоҳӣ 10 сомонӣ мегирад.

Ин 3 корманди ҳифзи ҳуқуқ ҳоло дар озодӣ қарор доранд. Инҳо бояд аз кор барканор шуда ва ба мӯҳлати тӯлонӣ дар кунҷи маҳбас қарор мегирифтанд. Онҳое, ки дифоъ аз номуси ин духтари ноболиғ карданд, онҳоро ҷарима ва латукӯб ва равонаи зиндон карданд. Ин кори онҳо аз рӯи адолат нест. Ва инчунин устод ба шумо гуфтанӣ ҳастам, як нафар, ки худро зиёӣ гирифта дар барномаи онлайнии «Минбари муҳоҷир» иштирок ва худро Шавкат Эргашев шиносонид, ба шумо ва тамошобинон дурӯғ гуфт: Ин шахс Уктами Нурулло, зодаи Истаравшан, деҳаи Қалъачаи Калон аст. Шумо  суол кардед дар бораи таҷовузи духтари ноболиғ. Гуфт хабар надорам. Аммо боз дурӯғ гуфт.

Уктами Нурулло бо Додобоев Фирдавс аз як деҳаанд, аз деҳаи Қалъачаи Калон.   Ман инҳоро хуб мешиносам. Бисёр бо мардуми инҷо якҷоя кор кардагӣ ҳастам, ва онҳоро хуб мешиносам. Уктами Нурулло дар газетаи «Паёми Истаравшан» муҳаррир буд ва боз дар телевизиони «Афшин»-баранда ҳаст.

Раиси ҷамоати деҳоти Қалъаи Калон Ҳасанов Ҷамшед мебошад. Аз рӯзи аввали кораш то ба ҳол ҳеҷ фоидае ба ин деҳа нарасонидаас, ягон ҷоро обод накардааст. Вақти даъвати тирамоҳӣ аз ҳисоби мардум худро таъмин мекунад. Вақте тамба зур ояд, норасоии даъватшаванда пешояд, ҳатто он инсонҳое, ки ба ин раис зиёфат дода буданд, ба хонаҳояшон меояду фарзандонашонро маҷбурӣ ба хизмат гусел мекунад. Бисёр ҳаромхур аст.

Ҳоло дар ҳама деҳаҳо қувваи барқ вуҷуд надорад. Аз соати 8 то 17 барқ вуҷуд надорад. Мардуми ин деҳа бисёр меҳрубон ва меҳмоннавозанд. Ман тӯли 40 сол бо онҳо кор кардагиам, онҳоро хуб медонам. Вақтҳои ахир беномусӣ ва бад рафтории онҳоро дидаву шунида ашки чашмонам ҷорӣ мешавад. Бо худ мегӯям куҷост он ҷасорати шумо, куҷост он мардонагии шумо, куҷост он дифоъ аз номуси мардумони худ.

Раиси ин деҳа Ҳасанов Ҷамшед дар як маҷлис гуфтааст, ки солҳои пеш дар вилоят обрӯву эътибори шоиста дошта будем, акнун чи обрӯ дорем? Ҳар як фоҳишаро дар кучаҳои шаҳри Хуҷанд бипурсӣ мегӯяд аз Қалъачаи Калон ҳастам. Ана обрӯю эътибори ин деҳа.

Дар ин деҳа 2 мактаб фаъолият мекунад. Яке гимназияи№ 2, дигаре мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №7 ба номи Мирзо Ҳабибов. Дар мактаби № 7 барои синфҳои 1 барои 6 китоби дарсӣ 100 сомонӣ гирифта истодаанд. Ширкати “Фароз” китобҳои дарсиро чоп ва дастрас мекунад. 1 китоби «Алифбо» -ро бо маблағи 20 сомонӣ ба як хонанда фурӯхта истодааст. Пули мактаб 25 сомонӣ, пули таъмри бинои мактаб 40 сомонӣ.

Ва боз як чизро гуфтанӣ ҳастам. Ҳасанов Салоҳиддин устоди Эмомалӣ Раҳмонов то солҳои тақрибан 2015 будааст. Тарбияи ба Раҳмонов додагиашро ба фарзандаш низ дода будааст. Ҳасанов Салоҳиддин падари раиси деҳаи Қалъачаи Калон ба фарзандаш васият карда будааст, ки “Писарам ба ин мардуми деҳа раҳм накун, онҳоро ҳимоя накун, ягон ҷойро ҳам обод накун. Инҳо хубиро дарк намекунанд. Ту фақат дар фикри худат бош. Бигзор инҳо сарсону саргардон бошанд, ту парво накун.”

Ягон ҷои деҳа обод нест ва карда нашудааст. Ҳама ҷойҳо фурӯхта шудагианд. Вақте ба пеши онҳоро меравӣ ҳатто ба рӯят хуб нигоҳ намекунанд. Чунки шумо пул надоред. Агар шумо мансабдор бошед ё бой бошед   бе навбат ба ҳуҷраашон даъват мекунанд ва то бегоҳӣ кори шуморо 100%карда бо чеҳраи хандон гуселатон мекунад. Худро вакили мардумӣ гуфта танҳо мардумро ғорат мекунанд. 4 масҷиди 5 вақта доранд аммо сад афсус, ки дар болои масҷид чунин навишта шудааст: «Маркази фарҳангию фароғатӣ, ҷойгоҳи дилхушӣ».
Куҷост имонатон, куҷост ҷасорат, куҷост дифоъ аз дини Аллоҳ

Нуробод

Салому алейкум бародар Муҳамадиқбол!

Ман аз деҳаи Истон ҳастам. Панҷ сол шуд ватан нарафтам. Фақат барои облава.

Дар чанд барнома қабл аз Эраҷ Наимов гуфта будед, ки аз Фазлидин панҷ ҳазор сомонӣ гирифтааст. Эраҷ чор ҳазору ҳафтсад сомонии гирифтаашро ба Фазлиддин баргардондааст. Лекин аз бародари Фазлиддин, ки Тоҷиддин ном дорад чанд бор чор ҳазору панҷ ҳазор пул гирифтааст. Аммо бо вуҷуди ин ҳама пул писарашро ба хизмат бурданд.

Як нафари дигар Ҷаҳонгири писари Маҳмадшифо ду ҳафта пеш Тоҷикистон рафт. Дар Тоҷикистон падару модарашро амният фарёд кард, ки писаратро гуй биёяд хизмат равад. Ҳозир дар Тоҷикистон мебошад. Рафт зан гирифт. Туяшро ду ҳафта шуд. Аз якуми октябр хизмат меравад. Бовар кунед, ки сахт зулм шуда истодааст дар Истон.

Деҳа ду масҷид дорад. Якеаш дар Истони поён, дигараш дар Истони боло. Якеашро дар Рамазон кушоданд, баъди Рамазон маҳкам карданд. Масҷиди Истони боло кушода буд. Кадом рӯзе имоми масҷид ба шаҳр меравад. Се рӯз намеояд. Маълум мешавад, ки маҳкамаш кардаанд. Ҳозир намедонам, ки кушода бошад ё не? Аниқ медонам, ки масҷиди поён маҳкам аст.

Нусрат писари Муҳаммадшифо ҷияни Сафо прокурор мебошад. Лекин ҳамсари Нусрат кудакҳои ҳамсояҳоро «Қоидаи бағдодӣ» дарс медодааст. Дар Истони боло  Носиру ҳамсараш кудакҳои ҳамсояҳоро «Қоидаи бағдодӣ» дарс медоданд. Аз куҷое Эраҷ Наимов мефаҳмад ва ҳардуяшон Нусрат ва Носирро фарёд мекунаду мегӯяд, ки шармандаамон кардед. Шармандагӣ ин будааст, ки ҳамсаронашон «Қоидаи бағдодӣ» дарс додаанд. Нусрат, ки ҷияни Сафои прокурор мебошад, сахт нагуфтаанд, лекин Носирро хело таҳқирҳои зиёд кардааст. Баъд аз пеши Эраҷ баромадан тарафи Нусрат гуфтааст, ки ман бағайр аз Аллоҳ ҳеҷ касе надорам, дар рӯзи қиёмат аз болояш даъво мекунам. Онҳоро баъдан ба амният даъват карда хело пулҳояшонро гирифтанд. Вазъу ҳоли мо дарНуробод ҳамин тавр аст.

Вахш

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар бораи як ҳодисае, ки рӯзи 14 октябр дар ноҳияи мо руй дод, бароятон навиштаниам. Мақсади навиштани ман ин аст ки бубинед, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо ҳодиса чи гуна муносибат мекунанд. Ҳодиса ин тавр шуд, ки Эмомалии Раҳмоналӣ писари додари Қурбон Юсуфов, мулаққаб ба Қурбони бех, раиси ноҳияи Вахш рӯзи 14октябр бо мошинаш як кудаки 9-10-соларо «насмерт» зада кушт. Вай бо суръати ниҳоят баланд ҳаракат карда кудакро зада кушта ҳатто даҳ метр ҷасади он кудакро бо мошин кашола кард. Аммо милсаҳо омаданду ҳамаро чен карданду шахси муттаҳам ба марги кудаки мактабхонро дастгир карданду вале бо ин баҳона, ки соҳибони кудак даъво накарданд, ӯро ҷавоб доанд, лоқал отдел бурда аз вай баёнот нагирифтанд ва ақалан ҷаримааш накарданд. Чунки вай бародарзодаа раиси ноҳия аст.

Эмомалӣ 27-30 сола аст, се зан дораду чанд кудак. Шабҳо соатҳои 11- 12 мошинаро бо суръати баланд ронда ҳудаву беҳуда сигнал дода мардумро безобита мекунад. Ягон касро писанд намекунад. Ин ҳодиса соати 10-и рӯз дар маҳаллае бо номи Заминҳои нав,ки сад метр дуртар аз хонаи Қурбони бех, раиси ноҳияи Вахш мебошад, руй дод. Модари ин кудак духтари Барот Юсуфов, бародари калонии Қурбони бех аст. Номаш Райҳона аст. Вай ду фарзанди маъюб дошт ва ҳамин кудак, ки Абдулло ном дораду дар синфи 3 мехонд, ягона фарзанди солимш буд. Падари ин кудак Убайд ном дорад ва дар муҳоҷирати корӣ аст. Яъне Эмомалии бехудшуда набераи амаки худро бо мошин зада ҷонашро гирифт.

Бобои ин кудак ҳам солҳо раиси ноҳия буд. Тамоми иншооту заминҳои ноҳияро фурӯхта буд, ки ҳоло ин корро бародараш Қурбони бех идома медиҳад. Вале, таҳаюр ва тааҷҷуби мо ин аст ки милисаҳо бо баҳонаи онки хешованданаш шикоят ва даъво накарданд Эмомалиро ба ҷавобгарӣ накашиданд. Дар ҳоле,ки вай одам кушт ва бо суръати баланд мошин меронд. Агарчи барои иртикоби ҷунин ҷурм ҳадди ақал бояд

севуним сол условно бояд бигирад.

Ҳамин аст ҳукумати Раҳмонов, ки ҳама баду бало болои мардуми оддӣ чапа мешавад.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет»№65 появились сначала на ISLOH.net.

Истаравшаниҳо қотилон ва шиканҷагарони ШВКД-ашонро фаромӯш накардаанд!
Матлабе, ки ҳоло мутолиа мефармоед аз Истаравшан ба “Ислоҳ.нет” расидааст. Ин матлаб дар бораи аъмоли ҷиноии ШВКД дар ин шаҳри бостонӣ ҳикоят мекунад. Матлаб дар бораи шӯъбаи корҳои дохилӣ ва сардори он Ҷурахон Кабиров аст, ки дар солҳои 2010-2014 дар Истаравшан кор кардааст. Бале, дуруст аст: “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад” ва мо  бо нашри ин матлаб гуфтанӣ ҳастем, ки ҷинотякорони мақомот, ҳатто агар аз кор рафтаву бознишаста шуда бошанд ҳам аъмоли ҷиноии онҳо оқибат рӯи об мебарояд. Бидуни шак ин навишта  на ҳама ҷиноёти Ҷурахон Кабировро бозгӯ мекунад. Фақат як ҷузве аз ҷиноёти ӯ дар Истаравшанро. Аммо бубинед, ки имрӯз низ ин шакл шеваи кор дар мақомоти милисаи Истаравшан идома дорад ё хайр?

Ҷӯрахон Кабиров Ҳакимович, ки лақаби Қотилро дорад, давоми солҳои 2010-2014 сардори ШВКД-и Истаравшан буд. Вай қаблан дар мақоми муовини мудири Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон фаъолият кардааст. То моҳи сентябри соли 2021 корро дар мақоми Раёсати нозиротӣ – ташкилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон идома додааст. 16 октябри соли 1957 дар Ховалинг ба дунё омадааст. Феълан аз онки Ҷурахон Кабиров корманди баландпояи ВКД кор мекунад ва ё бознишаста шудааст, хабаре дар даст надорем. Вале бо гузашти ин ҳама солҳо ҳанӯз ҳам мардуми Истаравшан ӯро ба ҳайси як золими порахӯр мешиносанд. Вай ба ҳадде масҷиду намозу намозгузору муллову ришу ришдору моҳи шарифи рамазонро бад медид, ки ту гӯӣ аз пушти падари габру батни модари номусалмон ба дунё омда бошад чӣ?

Вай тайи солҳои кораш дар Истаравшан даҳҳо ҷавонро бо суханони таҳдидомез аз қабили: “туро ҳам ба гурӯҳи панҷоҳ нафара ҳамроҳ мекунам», «мехоҳӣ ё намехоҳӣ террористӣ!» ё “ман таҳрирут гуфтум значет таҳрирӣ”-и тарсонида аз 10 000$ то 50 000$ пора гирифт. Баъзе аз ин бечораҳо ҳатто қарз гирифта худро аз шарри ин золим нигоҳ доштанд.

Дар муносибатҳои шахсии сокинони шаҳр дахолат намуд, корро ба фоидаи худ ҳал намуда аз онҳо низ пора меситонд. Ҷиноятҳои ин шахс дар Истаравшан бе ҳисоб аст. Яке аз кормандони ин шӯъба (Баҳром Усмонзода-махлуқи бадсифат), ки аз чоплусони ин сардор аст “мо пора не, тӯҳфа мегирем“ мегуфт.

Яке дигар аз кирдори нохуби ин сардори қотил худсарона дар роҳу кӯча боздоштани ҷавонҳо ва бо баҳонаи муъайян кардани шахсияти онҳо тарошидани риши онон буд. Гузоштану тарошидани риш ихтиёрӣ буда, ҳуқуқи фитрии ҳар шахс аст ва дахолат ба он маънии поймол кардани ҳуқуқи инсонро дорад. Ин қотил онқадар риштарошӣ кардааст, ки ҳатто мардум милисахонаро бо истеҳзо “сартарошхона” мегуфтанд.

Агар касе, ки синаш аз панҷоҳ болост, гӯяд, ки ман барои он риш мондаам, ки тоҷикам ва Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Сомонӣ ҳам риш дошт, аз сардори шуъбаи корҳои дохила ҳакоратҳоеро ба мисли: “ Рӯдакиатро фалон кардам “, “ Сомониро фалон кунам “, “ ба тоҷику тоҷикият фалонам “ мешунавид. Магар касе, ки муқаддасоти миллӣ барояш чун сангу кулғх қадр надорад метавонад ҳомии қонун бошад?

Парвандаҳои пурсарусадои истаравшаниҳо дар соли 2010-ро ана ҳамин қотил оғоз кардааст.

Ҳамаи он ҷавонҳоро ҳангоми пурсиш бо анвоъи зерин шиканҷа кардааст:

Дашном додан ба модар, зан, духтар ва хоҳар;

Ангушти ҷавонҳоро дар зиҳи дар гузошта пахш кардан;

Сарашонро ба об ғарқ кардан то нафасашон бигирад;

Кандани нохунҳои дасту пой;

Ба барқ пайваст кардан;

Ба сарашон линга пӯшонида 5-6 нафар якҷоя задан;

Луч гузоштан дар рӯи барф ва аз боло об рехтан;

Ба турмоқ (хоя) санг овезон кардан;

Ба мояи ҷавонҳо зада онҳоро ахта кардан;

Маҷбуран то 24соат росто нигоҳ доштан;

Аз хоб кардан боздоштан;

Мӯйҳоро то аз ҳуш рафтан кашола кардан ва ва ва…

Ҳамаи ин шиканҷаҳоро ин золимон анҷом додаанд:

ҶӮРАХОН КАБИРОВ  (сардори собиқи ШВКД)

БАҲРОМ УСМОНЗОДА  (сардори пешини шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ)

ДИЛМУРОД РАЗЗОҚОВ  (корманди онвақтаи шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ)

НАВРӮЗОВ МАҶИД  (корманди пешинаи шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ)

ҒАФУРОВ ҶАҲОНГИР (собиқ ходими шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ)

АЛИШЕР ШАРИПОВ (корманди қаблии шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ)

БАХТИЁР ТӮРАЕВ (ходими собиқи шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ)

Албатта ин шиканҷаҳоро бо сардории ин қотил анҷом додаанд ва судя баъд аз шунидани ин шиканҷаҳо аз забони худи ҷавонҳои шиканҷашуда ошкоро гиря кард.

Ин қотил яке аз сокини Истаравшан бо номи Умедҷонро ба терроризм тӯҳмат зада ҳангоми пурсиш дар ШВКД-и ш. Истаравшан бо шиканҷа ба қатл расонид ва ҷасади марҳумро бе нишон додан ба наздиконаш дафн карданд. Қатли онро ба монанди афсона ба мардум шарҳ доданд. Афсона будани шарҳ чунин аст: Гӯё ҳангоми аз назар гузаронидани макони ҷиноят Умедҷон як маводи таркандаро тарконд ва танҳо худаш вафот кунад.

Савол?

Пеш аз он даҳҳо маротиба милитсияҳо хонаро кофтуков гузарониданд, чаро чизе пайдо накарданд?

Чӣ гуна Умедҷон бо дастони баста камаш бо 5-6 нафар милитсия ба хона меояд ва имконият пайдо мекунад, ки маводи таркандаро аз хонааш бароварда тарконад? Ҳангоми таркидани маводи тарканда танҳо Умедҷон вафот мекунад ва либоси ягон милитсия чанг намешавад?

Ҳангоми таркидани маводи тарканда овозашро ҳамсояҳои ҳамдевораш умуман намешунаванд?

Соли 2013 дар маҳаллахонаи “Дилкушо” куштори ваҳшатноке рух дод. Барои пайдо кардани ҷинояткор ин қотил як ҷавонро аз бозори пул чунон шиканҷа мекунад, ки баъд аз баромадан аз ШВКД даст ба худкушӣ мезанад. Нисбати масҷиди ҷомеъи Муҳаммад Иқбол хеле бадбинӣ дошт ва ҳар ҷумъа 5-6 нафарро бо сардории Алишер Шарипов дар онҷо барои фишор ва тавтеъа андохтан мефиристод. Бо ҳар баҳона намозгузоронро дастгир карда дар ШВКД пулситонӣ мекард.

БАҲРОМ УСМОНЗОДА

Дар байни мардум ӯро бо лақаби “махлуқи бадсифат” мешиносанд

Махлуқи бадсифат 16.06.1984 ба дунё омада, мактаби миёнаи гимназияи 5-ро бо баҳои 2-3 хатм намудааст. Ҳамсинфонаш мегӯянд,ки “ин махлуқи бадсифат умуман ба мактаб намерафт ва то синфи 11 карат каратро намедонист,аммо имрӯз сардор шудааст”.

Баъди хатми мактаби миёна бо пораву шиносбозӣ ба Академияи милитсия дохил мешавад.

Соли 2010 Баҳром Усмонзода ҳамчун сардори бахши оперативӣ- ҷустуҷӯии Истаравшан бисёре аз ҷавонони ин шаҳрро бо тӯҳмату фишор нисбаташон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, аксарияти онҳоро ба мӯҳлатҳои зиёда аз 7-8 сол равонаи зиндон кард. Ҳангоми пурсиш ин махлуқи бадсифат бисёртар аз дашному шиканҷа истифода кардааст. Ин амалиёти аввалини мақомотҳои қудратӣ бар зидди қишри диндор баъд аз баргузории симпозюми 1310-солагии Имоми Аъзам буд. Ин амалиёт дар сатҳи кишвар ба номи “парвандаи истаравшаниҳо” ё “парвандаи 54-нафара” маъруф шуда буд, ки дар он камаш 100-нафар сокинони Истаравшанро маҳкум ба зиндон карданд. Ин амалиётро ин махлуқи бадсифат дар зери роҳбарии Ҷӯрахон Кабиров анҷом дод. Худи ҳамон сол додари махлуқи бадсифат, ки ӯ ҳам корманди милитсия буд, дар як садама ба ҳалокат расид.

Баҳром Усмонзода дар тиҷорат ҳам машғул буд ва яке аз тиҷоратҳои ӯ ин аз хориҷ мошин овардану фурӯхтан ва тиҷорати дуввумаш маводи мухаддир буд.

Соли 2019 бо сабаби ҳодисаи 6-ноябр дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон бо фармони Рамазон Раҳимзода аз вазифа сабукдӯш гардид. Шахсан Рамазон Раҳимзода ҳангоми аз кор рондани махлуқи бадсифат таъкид кард, ки чанд сол аст, ки ба ҳайси сардори шӯъбаи  оперативӣ ҷутуҷӯии ШВКД-и Истаравшан фаъолият карда ҳатто як баёнотро гирифта наметавонад. Баъди аз вазифа ронда шудан дар мӯҳлати як сол Баҳром Усмонзода доим маст мегашт ва дӯстонаш аз ресторанҳои дохили шаҳр кашон- кашон ба хонааш мебурданд. Баъди як сол бо супоридани пора ба хадамоти оташфишонии ш. Душанбе ба кор таъин гардид, ҳамагӣ баъди як моҳ дар шӯъбаи кадри ШВКД-и Истаравшан дубора ба кор қабул гашт ва ман фикр намекунам, ки Рамазон Раҳимзода  аз ин кор бехабар бошад.

Алишери Шарипов, бо лақаби ҳезалак

Ин марди зансифат зодаи Спитамен мебошад, дақиқ нест, ки чанд сол аст дар ШВКД-и Истаравшан фаъолият мекунад. Аз соли 2010 инҷониб барои дастгир кардани ҷавонҳои ғаюр ва бо тақво дар назди дарвозаи масҷиди “Муҳаммадиқбол” истода онҳоро рӯйхат карда баъдан ба ШВКД-и шаҳр даъват намуда, бо тӯҳмат онҳоро ба солҳои тӯлонӣ ҳамроҳи тимаш ба зиндон мефиристод.

Як кори фасоди дигари ин ҳезалак (Алишер Шарипов) бо занҳои фоҳиша буда, онҳоро дар зинояшон пуштибонӣ мекунад.

Дилмурод Раззоқов таваллудаш 24.07.1972 аз Панҷакент. Лақабаш дар ШВКД «Буратино» буд

Буратино (Дилмурод Раззоқов) яке аз золимтарин ва шиканҷагартарин афроди ШВКД-и Истаравшан буд. Ӯ дар солҳои 2010 хеле ҷавонҳои бо тақворо бидуни ҳеҷ гуноҳе шиканҷа мекард. Ба шумо низ маълум аст, ки гуноҳи онҳо танҳо диндорияшон буд. Ин ҳам намояндаи тими лаънатии Кабиров Ҷӯрахон буда, аксари амалҳои бадрафторӣ ва шиканҷаҳоро ин золим амалӣ мекард. Намуди шиканҷаҳоро дар боби Кабиров Ҷӯрахон баён доштем. Фарқи ин золим аз дигарон дар он аст, ки ин Буратино ҳатто имомхатибҳоро азоб мекард. Асосан ба Нӯъмонхон (хатиби онвақтаи масҷиди Муҳаммадиқбол) азобу уқубати зиёдеро раво дидааст.

Ин золим тахминан соли 2018 бо ҷинояти коррупсионӣ дастгир ва аз кор ронда шуд ва алъон ин хунхор дар Федератсияи Русия мебошад.

Наврӯзов Маҷид аз Истаравшан,таваллудаш 08.04.1989 бо лақаби “фарбеҳак”

Модари ин шахс тахминан 20 сол дар ШВКД-и Истаравшан дар вазфаи сардори шӯъбаи кор бо ноболиғон фаъолият намудааст. Вай зани бадзабон ва бе ҳаё буд. Ин шахс баъд аз хатми мактаби миёна ба мадрасаи динӣ ва баъди он ба академияи милитсияи шаҳри Хуҷанд дохил шуда таҳсил кардааст.

Зулми ин шахс чунон бузург нест, вале аз рӯи маълумотҳои охир ин фарбеҳакро бо фармони Рамазон Раҳимзода бо сабаби фарбеҳ буданаш аз вазифа сабукдӯш карданд. Аммо баъди фурсате камтар як соҳибкор барои манфиатҳои шахсии худаш бо пардохти маблағи калон дубора ӯро ба вазифа расонд. Баъди нав ба вазифа оғоз карданаш ҳодисаи 6-ноябр ҳодисаи сохта дар қисми ҳарбӣ ва сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба миён омад ва барои идомаи кор дар ШВКД ӯ бояд кореро анҷом медод, ки ӯро дар назди кормандони болоии ВКД сафед ва фаъол нишон диҳад. Ин фарбеҳак дӯстони худашро, ки бо тақво буданд ба фурӯхтан сар кард. Айби онҳо дар ин аст, ки соли 2008 якҷо зиёфат хӯрдаанд, алайҳи онҳо парванда оғоз карда маводи комилро ба ШВКД-и Истаравшан пешкаш ва онҳоро ба мӯҳлати 5-6 солӣ равонаи зиндон мекунад ва бо ҳамин ин фарбеҳак гӯё барои ҷиноятро кушоданаш ба кор боқӣ мемонад, албатта бар ивази зиндонӣ кардани дӯстони пешини худаш.

Ҳоло ин фарбеҳак дар мақомоти мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ММҶМ адои вазифа мекунад.

Ҷаҳонгир Ғафуров, Истаравшан, таваллудаш  04.01.1989, лақабаш-«шағол»

Ҷаҳонгир Ғафуров зодаи шаҳри Истаравшан мебошад. Ин шахс монанди шағол доимо пасмондаҳои золимони ШВКД-ро мехӯрад.

Мардуми табақаи камбизоатро доим озор дода аз онҳо пул меситонад. Ҷиноятҳояш нисбатан сабуканд ба монанди напардохтани маблағи хӯроки хӯрдааш, таҷҳизоти аз бозор гирифтааш, либоси пӯшидааш ва ғайра.

Яке аз хислатҳои ин шағол ва аксари кормандони мақомотҳои қудратӣ (КДАМ, ШВКД, ММҶМ) дар Истаравшан ин аст ки мехоҳанд дар ҳама ҷой бе пардохти музд корашонро ҳал кунанд.

Ps: Ин аввалин нома аз Истаравшани бостонӣ ба “Ислоҳ” аст ва дар мавриди вазъияти феълии мақомоти милисаи Истаравшан низ таҳқиқоти “Ислоҳ” идома дорад ва ба наздикӣ матлаби муфассал аз вазъи ШВКДи Истаравшан нашр хоҳем намуд. Истаравшаниҳои гиромӣ бо пора додану ба Русия фирор карданатон вазъро тағйир наметавонед дода. Ҳар ҷинояти мақотои ноҳияатонро ,ки хуб медонед ба “Ислоҳ” фиристед, то мо онро расонаӣ кунем. Ирсоли маълумоти ҷиноятии мақомдорон ин ҷиноят нест бар акс мубориза бо ҷинояткорони рутбадор дар суфуфи мақомоти қудратӣ мебошад. Аз МИҲДи ноҳия ва ҳар корманди ришваситонатон маълумотҳои дақиқро ирсол намоед. “Ислоҳ” дар хидмати шумо ва барои некӯаҳволии шумо фаолияташро бароҳ мондааст.

Сообщение Истаравшаниҳо қотилон ва шиканҷагарони ШВКД-ашонро фаромӯш накардаанд!  появились сначала на ISLOH.net.