Архивы ШВКД Ваҳдат - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№304
Нашри навбатии барнома аз номаҳо аз навоҳии Ваҳдат, Рӯдакӣ, Турсунзода ва Кулоб таҳия шудааст. Аз Ваҳдат ду нома расидааст, ки ҳарду муаллиф ҳам аз сокинони Ваҳдатанд, ки айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дар Русия қарор доранд. Яке аз онҳо аз кирдорҳои номуносиби раиси пешини Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода ва дуввуми аз ришвахории началник милитсия шикоят кардааст.

Нависандаи нома аз Рӯдакӣ аз набуди оби ошомиданӣ ва амалҳои ғайриахлоқии раиси ин ноҳия Ҳикматуллозода Абдуғаффор гуфтааст.

Нигорандаи нома аз Турсунзода аз адами шароити қабулу гусели сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар Ҳисор ба шиддат интиқод кардааст. Вай лаҳзаҳоеро бо иштироки сайёҳони хориҷӣ дар Қалъаи Ҳисор ба қалам додааст, ки воқиан ҷойи шарму хиҷолат дорад.

Сокини шаҳри бостонии Кулоб мустақиман ба Раҳмонов хитоб карда гуфтааст, ки беш аз ин мардумро азият надиҳад. Ин қадар ҷамъу ғун кардӣ бас аст, ту натавонистӣ, бирав, гуфтааст:

Ваҳдат

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол. Ман ҳамон ваҳдатӣ, ки дар Санкт-Петербург ҳастам. Дар «Номаҳо аз ноҳияҳо №296» дар бораи Ваҳдат мактубе чоп шуд. Дар он нома дар бораи Карими ДЭУ, Неъмати голубой ва раиси собиқ Раҳмоналӣ Амирзода навишта шуда буд. Дар онҷо гапҳои ҳақиқат буд, ки боварнакарданӣ. Бинобар хабарҳое, ки ба ман расониданд Раҳмоналӣ Амирзода ҳар рӯз дар Ваҳдат аз қафои ҳамин кор гашта истодааст, ки ин номаро кадом одам равон карда бошад. Ин нома кормандони ҳукумати Ваҳдатро ба ларза даровардааст. Субҳоналлоҳ

Ин Неъмат дар ҳамсоягии як бародар зиндагӣ мекунад ва бисёр инсони пасти фурумояи разил. Амирзода Раҳмоналӣ Неъматро дар домуправления раис монда буд. Аммо Неъмат корхонаро банкрот кард. Бо статя аз кор дар домуправления сураш карданд. Ҳозир Неъмат домсоз шудааст. Хона месозаду мефурӯшад. Аммо домҳои месохтааш ягон майда качество надорад. Домҳои вайро бояд мақомот сахт бисанҷанд.

Рӯдакӣ

Салом хонанда ва бинандагони «Ислоҳ» ва бародар домулло Муҳаммадиқбол!

Умедворам сиҳату саломат ҳастед. Аз ноҳияи Рудакӣ менависам ва мехоҳам аз мушкилоти мардуми мазлуми ин ноҳия ва рафторҳои ношоистаи раиси сабзибадасти ноҳия суҳбат кунам. Дар ноҳияи Рудакӣ рузҳои охир зиндагӣ ғайриимкон  шудааст. Дар 5 ё 6 шабонарӯз 1 маротиба ҳамон ҳам 2- 3 соат об медиҳанд. Мо як гурӯҳ сокинони хонаҳои баландошёна дар ноҳия гуфтанием бар падари президент лаънат, худозадаи касиф, барои ин раиси бемасъулиятро таъин карданаш. Дар биноҳои баландошёна ростӣ, як аҳволи ваҳшатноке дорем. Об пайдо намекунем, ки хурем. Ҳоло куҷо расад барои як дасту руй шустан, барои дар ҳоҷатхона истифода бурдан. Ин раиси худозада фикр намекарда бошад, ки мардум аз беобӣ азият мекашад.

Дар биноҳои баландошёна бе об ва бе барқ зиндагӣ кардан номумкин аст?. Аммо раиси ноҳия  ба дигар корҳо машғул аст.

Тақрибан 1 моҳ пеш аз тарафи кормандони милицияи шаҳри Душанбе як корманди ҳукумати ноҳияи Рудакиро (бо номи Бегзод Ибронов) дар ҷои ҳодиса-ҷиноят (бо кирдорҳои ғайриахлоқӣ ) боздошт мекунанд

Дар рафти тафтишот маълум мешавад, ки ғайр аз шахсони боздоштшуда боз раиси ноҳия Ҳикматуллозода Абдуғаффор ҳам ин  амалҳоро пайваста анҷом медодааст.

Домулло мо пайваста барномаҳои Шуморо тамошо мекунем ва Шумо дар чанд барномаатон қайд карда будед, ки раиси ноҳия сабзибадаст аст, он қадар бовар намекардем. Аммо ҳамин гапи Шумо баромад. Шумо дар ҳақиқат рост мегуфтаед ягон туҳмату бухтон набудааст.

Мо интизори сеюм марҳила мешавем:

1)Марҳилаи якумро қайд кардед- раиси ноҳия амалҳои ғайриахлоқӣ мекунад;

2) Боздошти корманди ҳукумати ноҳия дар вақти анҷоми амалҳо ҷиноӣ;

3) Марҳилаи охирин ин ба фикрам сабти наворҳои амалҳои ҷиноӣ пешкаш мешавад.

Турсунзода

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Аллоҳ ба шумо ва кормандони «Ислоҳ» қувват ва барори кор насиб кунад. Шумо ва мухлисону тарафдоронатонро, ки дар ин роҳи ҳақ пайвастаанд ба мақсадашон бирасонад.
Бародар ман медонистам ва бовар доштам, ки чунин мешавад. Чунки ин маълум буд. Ман аниқ кардам, ки ин ҳама маъсулини ва мақомот-раису вазирони Точикистон аҳмақ ноуҳдабароянд.100 лаънат ба ин бешарафон ва 100 лаънати дигар ба шумо чоплусон. Ин лаънатиҳо изо ва хиҷолат намекашанд.

Бародар чи гуфтаниям? Вақте ки ҳамин мусобиқаи пойгаи мошин дар Душанбе сар шуда буд, мардум зери навор менавиштанд, ки ин чи ҳол аст? Дар пеши як махлуқи Худо ин қадар чоплусӣ ва ин қадар лесакиву кунбардорӣ чи лозим? Ҷавоби ин чоплусҳои камақл дашному гапҳои дурушт буд.

Ба гуфтаи ин аҳмақҳову чоплусон Асҳаб Тамаев ду канали Инстаграм ва як канали Ютуб доштааст. Муштариҳо ё  обуначиҳояш чандин миллион будааст. Ин маълумотҳоро худи ҳамин чоплусҳо видео карда дар чандин шабакаҳо монданд. Ба гуфти инҳо сабаби ин ҳама лесакиву кунбардорӣ ба Асҳаб Тамаев омадани туристҳои хориҷӣ будааст? Магар рушди соҳаи сайёҳӣ бо чунин роҳ таъмин мешавад. Ин гап дар ягонҷо туғрӣ намегирад. Хуб, агар чунин бошад, албатта, ба гуфти ин чоплусҳои ба ном блогер баъди омадану рафтани Тамаев оё вуруди ҷаҳонгардҳо ба Тоҷикистон зиёд шуд?
Мошини Асҳаб дар Тоҷикистон қариб як ҳафта сайру саёҳат кард. Бо тамоми санъат эҳтиромашро ба ҷо овардед, лесакиву хушомад кардед. Ҳоло ду моҳ мегузарад. Канӣ? Нашру навор кард дар канали ютубиаш, ки 4 миллиону 84 ҳазор обуначӣ дорад. Оё як видео дар бораи Тоҷикистон дидед? Не. 4 моҳ пеш дар бораи Узбекистон карда буд.

Дар шабакаи Инстаграм зиёда 15 миллион муштарӣ дорад. Ягон видео ҳаст? Нест Дар дигар шабакаи Инстаграм зиёда аз 3 миллион! Ҳаст? Нест! Канӣ натиҷаи ин қадар хушомадзаниҳоятон? Бас аст дигар.

Пеш аз вай Гусен Гасановро чунон лесида будед, ки онро ҳам ба ҳамин мақсад гуфта оварда будед. Дар шабакааш 30 миллион обуначӣ дорад. Оё дидед, ки  ягон бор Тоҷикистонро дар ягон ҷо муаррифӣ кард?  Ба Аллоҳ қасам беҳад аблаҳи бешарафу бефарҳангед.
Ин ҳама беақлӣ барои чӣ? Худкуши бегонапарвар. 99% мардуми худамон ин гуна ҷойҳо ва зиёфатҳоро надидааст. Ин бешарафон расходи калон карда бегона парварӣ мекунанд. Ақалан ҳамин блогерон як видеои хуб мекарданд, ин қадар алам намекард. Марг ба тарсуҳо, марг ба бешарафон.
Тоҷикистон обу табиат ва манзараҳои хуб дорад. Аммо мардуми мо, мутаассифона,ба дарки ин намерасанд. Туристҳоро ғорат мекунанд. Як нархи як хела надоранд. Худи ман шоҳид будам дар Наврӯзи Ҳисор. Омаданд туристҳо Қалъаи Ҳисор, ҳамаҷо чиркину ғажду мусор. Харҳоро оварда туристҳоро маҷбурӣ савор крада истодаанд. Дар дасти кудакҳо нону дар дарунаш колбаса. Ба туристҳо дода истодаанд. Хандахариши олам мекунанд. Ягон ҷои муносиби хурокхурӣ нест. Шашликпазҳои зиёд дар онҷо кор карда истодаанд, вале тамоман тозагӣ риоят намешавад.

Ду туристи Беларус 4 сих сихкабоб хурданд. Вақти ҳисобӣ фурӯшанда 80 сомонӣ гуфта маҷбурӣ 80 сомонӣ гирифт. Халқи маҳаллӣ 13 сомонӣ пардохт мекунад аммо аз турист 80 сомонӣ гирифт.

Як  намуд хурок доранд бо номи кузача, ки нархаш 15 сомонӣ аст. Аммо турист пурсид, ба вай 200 сомонӣ гуфт. Фурӯшанда як зани одии бесавод. Ягон забон намедонад.

Берун аз Қалъаи Ҳисор як дарахти калони куҳани таърихӣ ҳасту назди он дарахт як ҳавзча ҳаст. Як мусафеди бесавод онҷо таърихи ин дарахтро бардурӯғ бурда ба саҳобагон ислом рабт медиҳад. Атрофи дарахти ҳавз пури мусур- баклашка. Ниҳояти шармандагӣ. Барои сайёҳон шароити хуб надоранд. Худо накунаду ин сайёҳон дар ягон тарабхона ягон хуроки хубтар фармоиш диҳанд, онҳоро ғорат мекунанд. Ҳоло Тоҷикистон барои қабули сайёҳон омода нест. Нархҳо яксон нестанд. Як қазоқро дидам дар Маскав. Гуфт бо ҳамсараш даҳрӯза Тоҷикистон ба саёҳат рафтааст. Чор рӯз наистода баргаштам гуфт. Гуфтам чаро?  Гуфт, ки нарху наво бисёр бераҳмона. Меҳмонхона беҳад гарон. Барои мо дар бозору мағозаҳо беҳад нархҳоро бардоштанд. Хулоса, бародар, мо намедонем, ки кай ранги дигар одамони дунё мешуда бошем.

Охир он сайёҳу ҷаҳонгардон ҳами мисли мову шумо одаманд. Бо ҳавас ба ватани мову шумо меоянд. Аммо мардуми мо онҳоро тавре мекунанд, ки аз омадагиашон пушаймон мешаванд ва дигар асло намеоянд ва ба дигарҳо ҳам, ки майли омадан доранд вазъу ҳолро ҳикоят мекунанд ва онҳо ҳам дигар намеоянд. Шумо беҳтараш як кор кунед ҳамин шаҳрвандони худамон аз ватан фирор накунанд, туристҳо ҷойи худашон. Бо ин ҳукумате,ки мо дорем на шаҳрванд розӣ асту на ҷаҳонгардон.

Ваҳдат
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз Ваҳдат ҳастам вале феълан дар яке аз шаҳрҳои Русия қарор дорам. Дар бораи Одиназода Фируз Саттор, сардори милитсияи Ваҳдат гуфтаниам. Сардори милитсияи Ваҳдат рутаби полковникӣ дорад. Ин нафар ҷияни полковник Одинаев Нуралӣ мебошад
Одинаев Нуралӣ аз соли 2004 то 2009 началник милисаи Вахдат буд, ки фақат дуздиду ғорат карду ҷамъ намуд. Полковник Одинаев Нуралӣ дар ҷамоати Чуянгарон дар қишлоқи Тангаӣ як дачаи калон дорад. Замини дачааш аз 60 сотих зиёд аст. Дачаи Одинаев Нуралӣ дар ҳамсоягии муллои даҳмарда ҷойгир аст. Дар Ромит  ҳам як дачаи калон дорад. Ҳоло онро ба фурӯш гузоштааст. Айни замон Одинаев Нуралӣ дар вазорати корҳои дохилӣ кор карда истодааст.

Ин Фирӯз Сатторовичи ҷиянаш, ки ҳоло началник милитсия мебошад махсус бо  лаҳҷаи кулобӣ гап мезанад. Пештар сардори ШВКД дар Истаравшан буд. Аз 22 апрели 2025 ба Ваҳдат омад.

Ончуноне хабарҳо мерасад ин началники ҷияни началники собиқ аз тағояш фарқ надорад. Баракс бештар ба порагириву ришвахорӣ машғул аст. Парво надорад, ки вазъи риояи ҳуқуқ дар Ваҳдат чи гуна аст. Касе сум дорад, агар ҷиноят ҳам содир кард, пули ӯро гирифта ӯро ҳақ ва бегуноҳ мебарорад.

Дар бораи ин нафар ҳоло ҳамин қадар мегӯям. Вале дар шумораҳои баъдӣ бо факту далелҳо дар бораи вай муфассалтар менависам. Аммо аз ҳозир гуфта бошам, ки инҳо Ваҳдат фақат барои пулкоркунӣ меоянду тамом, на барои тартиботро ҷорӣ кардан.

Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Худову ростӣ, ҳар боре барномаҳои шуморо мебинам хунам ба ҷӯш меояд. Боварам кунед, ки сахт аламам мекунад. Чунин фикру хиёлҳо фақат дар сари ман нест. Шумо дуруст мегӯед, ки мо мардуми тоҷик бояд тарсро бикушем. Ин Раҳмонови оилашумули авлодпараст моро чи кор карда метавонад? Ҳиҷ кор карда наметавонад. Ин як дузди суперпрофӣ шудааст. Ин бойи кулак шуд. Ин ҳеҷ вақт бар муқобили халқ ҷангида наметавонад.Инҳо-Раҳмонову оила ва авлоди яъҷуҷуу маъҷуҷаш пулҳои ғункардашон ба сад пушташон мерсад. Инҳо ин сарвати аз хуни халқ ҷамъоварикардаашонро бояд хуранд. Инҳо аз ҳама чиз зиёдтар хурданро нағз мебинанд. Барои ҳамин ҷанг намекунанд. Пул ҳам намедиҳанд, ки барояшон ҷанг кунанд. Бояд коре кард, ки ҳам пулҳояшонро гирифт ва ҳам худашонро ҳадаф қарор дод. Ҳамон яроқу силоҳҳоро, ки ба дасти сарбозу афсарҳо медиҳанд, то ки бар муқобили халқ бизананд, бояд ба самти худашон баргардонем. Тамом, ҳуй мехуранд, дингуз мезананд.

Ман як пешниҳод дорам. Як рӯз Азизмо, Фарзона, Сомон, бачаҳои Рустаму худи Рустаму занашро биёварему дар хонаи дилхоҳ мардуми Кулоб ва атрофи он маҷбур намоем, ки се рӯз не як рӯз биистанд. Бубинанд, чи аҳвол дорем. Дар ин торикиву бесветӣ, ва хунукӣ, ки мо беш аз 25 сол мешавад тоқат крада истодаем, тоқат мекунанд ё не?

Эй Раҳмонов! Пир шудиву на чашмат сер шуду на дилат. Тӯли ин 35 сол ҷамъ кардаҳоят ба ҳафтсадуҳафтодуҳафт пуштат мерасад. Чи мекунӣ ба афғону қирғизу узбек барқи мардумро фурӯхта. Ҳамон афғон ё қирғиз ё узбак намегӯяд, ки ин гадогушна, ки ба халқи худаш раҳм намекунад барои пул шуда ба любой пастӣ меравад, чи хелӣ инсон бошад?

Биёед як чизро андеша кунем. Раҳмонов курсиро доданӣ нест. Чанд бор Қонунро иваз карду худро то мурдан иҷозати мондан дод. Яъне ин курсӣ аз они худаш аст ва то охир ба дасташу таги кунаш меистад. Аммо чаро свети мардумро солбасол кам мекунад. Курсии худашро меёзонад, ҳатто меросӣ карданӣ аст, аммо свети мардумро кам карда истодааст. Барои халқи худаш лимит ҷорӣ мекунад аммо ба хориҷиҳо фурӯшро зиёд мекунад.

Вақте саҳмия фурӯхт аз афғону узбеку қирғиз пул напурсид, аз камбағалу бенавову нафақахӯру донишҷуҳо пул гирифт. Бо пули саҳмия свет сохта ба хориҷа дода истодааст.

Ин чи Пешво аст?

Мақсади халқи худро дар ин ҳолати вахими ғайринсонӣ нигоҳ доштанаш чӣ аст?

Инсофат хушк шудааст. Хонаат сӯзад, ки  бисту панҷ сол зиёд аст хонаҳои мардумро сарду торик кардаӣ. Ҳазорҳо ҳазор дар ҳасрати барқи доимиро дидан ҷон доданд.

Як ҳамсоя гуфт, ки якҷоя шавему панелҳои боқувваттари офтобӣ харем. Аммо гуфтанд, ки аз барои вай андоз месупоридаӣ, иҷозат мегирифтаӣ.

Э к@зан ин чи қонуну қоида аст. Света ку намедиҳӣ, боз ин душворсозиву монаегузориат чаро?

Ҳамин хел мушоҳида кардам, ки як коре, ки халқ барои сабукиаш мекунад, ҳатман онро гирифта душвор ва мураккаб ва ҳатто то нашуданӣ мерасонад. Ин чи хел одам бошад?.

Ягон чизи зиёд насохтаӣ, ки гӯӣ барқро мегирад.

Бародарҳо! Бовар кунед, ки ин Раҳмонови лаънатӣ тамоман аз худ рафтааст. Як касе нест, ки гиребонашро гираду гӯяд чи кор карда истодаӣ?

Бародарҳо, агар ин аз худ нарафта бошад, рӯған чашму мағзашро нагирифта бошад, дар ҳамин ҳолу рӯзи мардум самолёти 100 миллиондоллара мехарад? Ва, барои духтарону домодҳову бачаҳову олу авлодаш шароити зиндагӣ, бизнеси шику бороҳат фароҳам мекунад.

Парвина ва Озода тамоми бахшҳои фарматсевтика дар мамлакат, маориф ва идоракуниро ба мерос гирифтанду ҳар як муассиса барои онҳо манбаъи пули шахсӣ шудааст;

Қудоҳо ва домодҳояш, Шарифбек Давлатов, Зайнулло Соҳибов, Ашраф Гулов, Бег Сабур ва даҳҳои дигар ҳар кадоме як соҳаи давлатиро ишғол карда ва ба бизнес табдил дода, мардумро аз ҳаққи зиндагии шоиста маҳрум кардаанд. Аммо инҳоро Раҳмонов «шарикони рушд» ном мондааст.

Доруву даво на барои табобат, барои сарватандӯзӣ истифода шуда истодааст. Ширкати «Сифатфарма»-и Парвина воридоти доруҳоро идора мекунад. Як дору, ки аз хориҷа ворид ва 5 сомонӣ арзиш дорад, бо иҷозати Сифатфарма ба дорухонаҳо бо нархи 25–30 сомонӣ бардошта мешавад. Доруҳои сохта ва муҳлати масрафашон гузашта ба фурӯш меравад, касе чизе карда наметавонад.

Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Дубай ва швҳари Парвина пуштибони бизнесу бизнесменҳо аст ва доляҳои калон мегирад. Як чизи дигар. Вақте беморон бо доруҳои қалбакӣ мемиранд, Парвина дар Дубай виллаҳои гаронарзиш мехарад бо пули ин кушташудаҳо аз дорӯҳояш.

Душанбе ба майдони сохтмон табдил ёфтааст, аммо соҳибаш кӣ? Ҳама иҷозатномаҳо дар дасти Рустами Эмомалӣ ва гурӯҳи наздики ӯ. Сохтмончиён барои ҳар як иҷозат барои дом садҳо ҳазор доллар медиҳанд; Ба ғайр аз маблағ, ҳатман чанд квартира ҳам ба номи Раҳмонов меравад.

Раиси фурудгоҳи Хуҷанд Қурбони Алимардон қудои Озода ва Шарифзода Зайнулло, раиси фурудгоҳи Душанбе додари ду домоди Раҳмонов- Шамсулло ва Зоир аст.

Озода Раҳмон дар паси ҳар қарори муҳим сару калааш намудор аст. Аз таъини кадрҳо то идоракунии ниҳодҳои давлатӣ ҳама таҳти назорати ӯст. Бидуни «о,кей»-и  Озода ягон нафар на директори мактаб мешавад, на вазир.

Дар воқеъ Тоҷикистонро ба як кооператив ва корпоратсияи хонаводаӣ мубаддал намудаанд. Давлат ба ширкати хусусии хонаводагӣ ва халқ ба муштарии маҷбурӣ ва  миллат ба ғуломи иқтисодӣ табдил шуд.

Бародар Муҳаммадиқбол! Илтимос, ин навиштаи манро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед. Вақте шумо чоп мекунед ман илҳом мегирам. Ва боз навишта мефиристам. Бовар кунед, ки дар Кулоб мардум аз Раҳмонов ва оилаи вай сахт безор шудаанд ва ҳамаи мардуми Кулоб барномаҳои Ислоҳро тамошо мекунанд ва мегӯянд, ки ҳама чизе, ки мегӯяд рост аст.

Тарафдорони шумо инҷо хеле зиёданд, қариб ҳама сокинони Кулоб ҳам гуем хато намешавад.

Саломат бошед.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№304 появились сначала на ISLOH.net.

580.000 сомонӣ- 60 000 доллар(!!!) «ставка»-и курсии мудири маорифи Ваҳдат
«Нафаре аз довталабҳои курсии мудири маорифи шаҳри Ваҳдат буд ва барои ишғоли ин курсӣ 580.000 сомонӣ -муодили 60.000 доллар ба «посредник» дод. Аммо на ӯ, балки нафаре дигар мудири маориф таъин мешавад».

Оғози нангини ин маъракаи хариду фурӯши «илму дониш»

Ҳикояти зер воқеӣ аст. Ва, дар ҳамин рӯзҳои наздик ҷараён гирифтааст. Чизе дар он каму зиёд карда нашудааст. Номҳоро иваз кардем. Чунки нафарони дохилу дахил дар ин ҳикоят дар ватан ҳастанд ва дар ин система кор карда истодаанд. Ҳикоят аз забони шоҳид ва иштирокчии мустақими ин ҷараён сабт ва қаламӣ шудааст.

Бинобар ривояти шоҳиди ҳодиса, ки онро мешавад моҷаро ҳам гуфт, бародар рафиқе дошт, ки устодаш солҳо мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Ваҳдат буд. Ин рафиқ феълан дар хориҷ аз кишвар ва бо тиҷорату савдо машғул аст ва корҳояш ҳам дар ривоҷу равнақ мебошад. Соҳиби хонаву дар ва чанд магазин ҳам шудааст.

«Устодаш  алҳамдулиллоҳ софу ҳалол ва хуб кор кард. Ободӣ дар муассисаҳои таълимии Ваҳдатро бисёртар ӯ кардааст. Тӯразода Холмуҳаммад 9 сол мудири маориф буд. Зиёд азнавсозӣ кард. Шогирди ҳамон гуфт «ту бигзар» ман маблағро медиҳам. Мо гапзанон кардем. Он бача аз гапаш нагашт. «Қарзҳотам метам» гуфт. Аммо 580 ҳазор сомонӣ ҳам дар қади раҳ нест, охир».

Хуллас, 580.000 сомониро ин бародар ба як нафар аз низомиҳои баландпоя, ки полковник ва шояд ҳоло рутбаи генералӣ ҳам гирифта бошад, медиҳад. Аммо ин «посредник» ҳам маблағро на мустақим, ба воситаи нафари дигар, яъне посредник гирифта будааст. Исмаш Одинаев Толиб Маблағро мегирад ва гуё ба як нафар бо номи Фаррух медиҳад. Инаш ба онаш медиҳад. Инҳо аз «Ҳомиёни Ватан» ҳастанд. «Ҳомиёни Ватан» як ташкилоти наздик ба мақомоти қудратӣ аст ки аз нафақахурҳо ва аз ҳисоби ҷанговарону «бивший»-ҳо ташкил шудааст. Одинаев Толиб раиси ҳамин ташкилот аст. Зодаи Кӯлоб. Одинаев Толиб ба тиҷорат машғул нест, як нафари низомӣ ва маошбигир аст, аммо, хеле состоянияи машкук дорад: дар Кулоб ду хона, дар Душанбе се хона, якто дар повороти аэропорт, якто дар 33 ва яктои дигар дар тарафи Товус. Катагии вазмин мекунад, ҳатто сардори ШВКД -ро ошкоро мегуяд фалонат мекунам. Аз ин зур мешавад дигар?

Оне, ки маблағро гирифтааст гуё ба Умаров Мансур додааст. Мансур Умаровро, ки медонем. Генерал, муовини аввали вазири адлия ва раиси Идораи зиндонҳои Тоҷикистон мебошад. Дар гузашта муовини аввали раиси КДАМ ва қабл аз он сардори Хадамоти амнияти Президенти Тоҷикистон.

«Мақсади ман кор ва ободкорӣ буд ва мехостам ба монанди ҳамон инсон-Тӯразода Холмуҳаммад муассисаҳои абгоршуда ва нимаободи Ваҳдатро навсозӣ ва обод кунам.

Баъди Тӯразода Қосим, Давлатзода, мудири маорифи Ваҳдат шуд. Ҳамаро ҷазир кард. Дигар барои ҳама директорҳо ставка таъин кард. Ҳар як директор «доля» дошт. Агар Тӯразода директорҳоро аз ҳисоби муаллимону омӯзгорони коркушта ва сазовор таъин мекард, ин нафар бошад ба кисаи онҳо аҳамияти асосӣ медод. Касе сум диҳад, ӯро мудири мактаб таъин мекард».

Ҳар моҳа ҳар як директори мактаби дохили шаҳри Ваҳдат 2500сомонӣ курсипулӣ дорад, яъне ин ставкаи ҳармоҳа. Ба ҷуз аз онки чи қадаре додаву директор таъин шудааст. Дар як сол як директори мактаби дохили шаҳри Ваҳдат бояд 30 ҳазор сомонӣ пора бидиҳад. Берунтар аз шаҳр ҳаҷми маблағи ставкаи моҳона ҳар хел ва дар охирин нуқтаи ноҳия, яъне деҳаи дурдаст то 500 сомонӣ ҳам мерасад. Инро ҳам бояд бигӯем, ки дар ҳаҷму андозаи ставка шумори талабаҳо ҳам нақши муҳим дорад. Масалан як қишлоқ агар дур ҳам бошаду аммо хонандаи зиёд дошта бошад пули моҳонаи вай калон мешавад. Ҳатто метавонад ставкаи курсӣ пулияш мисли дохили ноҳия бошад.

Бинобар маълумотҳое, ки ба дасти «Ислоҳ» расидааст барои гирифтани курсии директори мактаби аз ҳама деҳаи  дурдасттарини ноҳия бояд аз 5то 6000 сомонӣ пора диҳӣ ва барои мактаби даруни шаҳр бошад 60-то 70 ҳазор сомонӣ. Мо хостем, ки ин ҳолати бадро аз байн барем. Ният доштем, ки аз байн барем ва ба масъулияти мудирӣ муаллимонеро биёрем, ки фақат кор мекунанд. Ин пуле, ки ман додам, росташ аз ҳисоби худам набуд. Ин хайр буд. Гуфта буд мактабҳои ноҳияро ба монанди устоди ман обод мекунӣ. Он бародар, алҳамдулиллоҳ саводаш ва кору бораш ҳам хуб аст. Гуфт дастгириат мекунам. Мекунӣ ба хотири фарзандон ва ояндаи мардумамон мекунӣ, аммо  насибамон набудаст.

Зиёратшо Нарзуллозодаро мудир таъин карданд. Зиёратшо аз Чорбоғи Ваҳдат аст. Чор моҳ пеш монданаш. Аз мудирии маорифи ноҳияи Рудакӣ барои ноуҳдабароӣ аз кор гирифта буданд. Зиёратшо рафиқи вазири маориф ҷаноби Саидзода Раҳим Ҳамро ва шахси калонсол аст. Омадан баробар якҷо бо Баҳриддини муовини раиси Ваҳдат ба нав кардани директорони мактабҳо шурӯъ кард. То онҷо ки маълум гардид мудирони маорифи навоҳии Душанбе аз 150 000 доллар боло пора дода баъд вазифаро мегиранд ва кор мекунанд. Курсии мудири маорифи дар вилоят 200 ҳазор доллар. Чунки вай чандин навоҳӣ дорад. Бо пешниҳоди вилоят дар ноҳия мудир мемонанд.

Дар Ваҳдат 175 муасссаи таълимӣ амал мекунад. Ҳисоб карданд, ки ҳар моҳ мудири маориф 200у чанд ҳазор даромад доштааст. Дар Ваҳдат пештар Мусофириён Миралӣ ва Давлатзода Қосим мудири маориф буданд, ки то ин андоза нафси бад надоштанд.

Аз ҳаҷми умумии порае, ки аз директоршавандаҳо меситонанд, раиси ноҳия 30%, посредникҳо 30% ва 40% -аш меравад ба вазорати маориф яъне худи вазир. Мактабе, ки 1000 хонанда дорад, моҳона тақрибан 2500 доллар «кор» мекунад. Албатта, ин маблағе аст ки директори беҳад беинсоф «кор» мекунад, баинсофтараш на кам аз 1500 доллар: -аз муаллимҳо, аз падару модарҳо бо ҳар баҳона, масалан комиссия омад, хадамот омад, ин омад, он омад ҷамъ мекунад.

Аммо ин тарзу усули кор дар давраи раиси ноҳия будани Раҳмоналӣ Амирзода аслан вуҷуд надошт, агачи ӯро ҳазор гап мезаданд. Бале боевик, дин бадбин ва фосиқи ошкоро буд, ба ин ахлоқу ақидаҳояш кор надорам. Раҳмоналӣ Амирзода дар масъалаи кадр хеле эҳтиёт мекард. Вай аъзои ҳукумати ноҳияро, ки зери дасташ кор мекарданд намегузошт, ки ба вазорат пора диҳад: чи молия, чи маориф, чи фарҳанг, чи милисаву чи амният «доля»-и моҳона надоштанд. Чунки вай бо худи Раҳмонов мустақим алоқа дошт ва мегуфт, ки «меоӣ кор мекунӣ, ман коратро мебинам ва агар дар ҳолате, ки нашудӣ бо статя нестат мекунам». Лекин корманди хубро дар тамоми сохтор қадр мекард. Аммо шахси бисёр ҳам ҷоҳил ва сахтгир буд. Ҳамин Туразодаеро, ки гуфтем ҳамин Амирзода даъваташ карда мудир монда буд. Вай дар шаҳр дар як мактаб кор мекард. Тавассути кадом шиносҳояш дар бораи вай мефаҳмаду даъваташ мекунад. Худаш мебарад мактуб мекунад ба вазорат ва мегираду мудир мемонад, бе ягон сомонӣ. Тӯразода Холмуҳаммад 8уним сол кор кард.

Соли 2020 ё 2021 Арабистони Саудӣ барои таъмиру бозсозии мактаби деҳаи Истиқлоли ноҳия 12 миллион сомонӣ медиҳад. Аммо пудратчии сохтмон як миллиони ин маблағро бо ҳиллаҳое обулой мекунад. Баъди ошкор шудани ин кор сармоягузорони араб аз интиқоли маблағи боқимонда даст кашиданд. Баъди Холмуҳаммад Тӯразода, Давлатзода Қосим мудири маориф кор кард, якуним сол. Ӯро барои гирифтани пора ва харҷи ноҷои бюҷет зиндонаш карданд.

Баъд Миралӣ Мусофириён мудири маорифи ноҳияи Ваҳдат шуд. Вай писари раиси собиқи Дарвоз аст. Нисбати ӯ ҳам мавод гирдоварӣ ва тафтишотро шурӯъ карда буданд, аммо гурехту хориҷа рафт. Гӯё табобат рафта бошад. Стендмонӣ дилашро. Коррупсия дар пасаш буд. Ин одам ҳамагӣ ду сол кор кард.

Фасодзадатарин ниҳод ин соҳаи Маориф ва илм

Бар пояи арзёбиҳои Созмони байналмилалии «Шаффофият» Тоҷикистон дар шумораи даҳгонаи кишварҳои фасодзадатарини олам қарор дорад. Ин нишондод ҳадди ақал 15 соли ахир тағйир накардааст ва агар тағйир карда бошад ҳам ба самти бадтар аз пештар тағйир кардааст.

Бинобар маълумоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ин ниҳод дар соли 2024 бештар аз 2 ҳазор ҷинояти коррупсиониро ошкор намудааст. Ин идора мизони хисороти расидаро 420 миллион сомонӣ баровард кардааст.

Дар таҳқиқотҳои сотсиологие, ки ҳам созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҳам ниҳодҳои вобаста ба худи давлат, аз ҷумла Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидаанд, маълум шудааст, ки сатҳи фасод солтосол болотар меравад ва бархе аз коршиносон аз ниҳодина шудани он бонги хатар мезананд. Дар ин гузоришҳо на як бору ду бор таъкид шудааст, ки яке аз соҳаҳои саропо ба фасоду ришват ғӯтида дар кишвар ин соҳаи маориф ва муассисаҳои марбути он аст. Арсаи таълиму тарбияи Тоҷикистон аз боғча ва кӯдакистонҳо сар карда то омӯзишгоҳу донишгоҳҳо жӯлида ба фасоданд. Иллат ва авомили аслӣ ин аст ки ҳеҷ яке аз мақому мансаб дар ин арса бидуни пардохти ришват ба даст намеояд ва бадтарин нукта ин аст ки дар густаришу амиқрафти фасоду порахӯрӣ дар ин соҳа то болои боло, то Дастгоҳи иҷроияи президент даст доранд.

Ҳамин ду-се рӯзи пеш ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Аюб Усмонов, доктори илм, профессор бо иттиҳоми фасод барои ҳафт сол маҳкум ба зиндон шуд.

Ин аз чи далолат медиҳад? Ректори Донишгоҳи давлатӣ, профессор порагиру порахӯр! Аммо фикр мекунед, ки фақат ҳамин як ректор пора мегирифту пора мехӯрд?

Агар шумо аз  ҳаводорону мухлисони «Ислоҳ» буда бошед, медонед, ки мо дар бораи Абдуҷаббор Раҳмонов, ҳоло сафири Тоҷикистон дар Узбекистон ва дар гузашта вазири маориф, ки бо алқоби «қушқори кабуд» ва «Авҷаббори кавлук» машҳуру маъруф аст чи қадар матолиб ва бо факту далелҳо навишта будем. Дар бораи Нуриддин Ҷартиевич чӣ? Нуриддин Саидов, ки ӯ ҳам чанд сол дар вазорати маориф курсии аввалро ишғол карда буд. Ин нафарон ва аз ҷумла вазири имрӯза ҳоло аз миллионерҳои ҳукуматианд, ки миллионҳояшонро фақат ва фақат аз роҳи ришвату пора ба даст овардаанд.

Мегӯянд, ки Абдуҷаббор Раҳмонов ҳамин ҳоло ҳам яке аз посредникҳои асосӣ миёни мансабгирҳо ва Озода Раҳмонова аст. Як ҷияни вай бо номи Аҳтам Абдуллозода чанд вақт муовини раиси Дастгоҳ, яъне Озода Раҳмонова буд, дар гузашта  раиси Кумитаи ҷавонон ва ҳоло аз чанд моҳи пеш раиси Хадамоти иҷроя шудааст, ки яке аз порахортаринҳои ин ҳукумат ба шумор меравад. Аммо дар саргаҳи порахорон-коррупсионерон худи Озода Раҳмонова меистад. Озода дар масъалаи ҷосозии кадрҳо тавассути посредникҳо ба ҳадде мумтозу моҳир шудааст, ки ҷойи гап надорад. Вазифагиру вазифахара гушоша кати ишкамбаш дида баробар ташхис мекунад чи қадар пулдорад ва ба куҷо лоиқтар аст.

Идомаи моҷаро ва хонасалот шудани вазифахар

Ва, ҳоло бармегардем ба масъалаи «асосӣ»-580.000 сомонии пора ва идомаи моҷарои он.  Шоҳиди моҷаро мегӯяд, ки моро Одинаев Толиб подставит  ва ғам дода  истодааст. Мо коре накардаем, ҳамон амонатиамонро талаб кардем. (Манзур ҳамон 580.000 сомониро, ки гирифтанд, аммо нафари дигар мудири маориф шуд)

Бинобар нақли шоҳиди моҷаро Одинаев Толибро барои посредникӣ барои нафари довталаби курсии мудири маориф як рафиқашон пешниҳод кардааст. Ин нафар гуфт Мансур Умаров бевосита дахл дошт. Инро аз куҷо фаҳмидем?

Онҷо, ки фарёдамон карданд, яъне дар отдел ҳамон полковник Одинаев Толибро занг заданд ва ӯ гуфт: «додагиюмуш вазира, додагиюм ҳам раиси шаҳри Ваҳдата, ҳам Умарова. Худам нагирифта будум, баъд мегирифтум».

Баъди ин гап мо пеши раиси Ваҳдат даромадем. Раис гуфт «ман як яксомона гирифтагӣ нестам».

Мо запсҳоро мондем. Вай гӯш кард. Гуфт маро бигзор даъват кунанд: «ман ҷавоби худма додан метонам. Ба хотире, ки ман як сомонӣ гирифтагӣ нестам».

Пас, аз ин бармеояд, ки Одинаев Толиб ё ба генерал Мансур Умаров додагӣ, ё ҳиҷ касро пул додагӣ нест.

Маро гуфтанд:  «аз инҷо бзан бра, ки далше кори худтай. Яъне дигар дар пуштат касе нест ва имкон дорад, ки «крайняк» худат мешавӣ. Аммо, инҷо, ки ҳоло ман ҳастам, пас аз як муддат бояд бароӣ ва пас аз тенҷ шудани корат аз нав бозгардӣ. Аз дусар бояд мебаромадам. Вале вазъу ҳолат чунин номардӣ буд, ночор тарки ватан кардам».

Гап дар сари ин аст ки вақте пулро гирифтан рафтем (ман худам нарафта будам) ҳамон рафиқе, ки моро шинос карда буду пулро гирифт ҳамон ариза кард. Дар отдел гуфтанд, ки  «пула мегирем метемтона. Аммо аз 580 000 сомонӣ онҳо ҳақи худро мегирифтаанд. Ҳамон муфаттиши отдел  пеши началник милиса медарорадашон. 280 000 сомониашро инҳо мегирифтаанд. Началник милисаву ҳаминҳо. Барои онки «мо кори туро буд мекунем».Чи хеле, ки пеши рекетҳо мерафтӣ разбор мекарданд. Мегуфтӣ кори моро буд кардан даркор, дар отдели милиса ҳақ мегирифтанд, инҳо ҳам ҳамин хел карда истоданд. Яъне ин доляи началник милиса, муфаттиш ва УГРО будааст.

Ин пулро онҳо бояд аз Одинаев Толиб мегирифтанд.

Аммо Одинаев Толиб як яксомона додагиашон нест. Инҳо пулро гирифта натавонистанд. Чунки аз «боло»  началники милисаю дигарҳояшро сахт гирифтанд. Инҳо просто виход наёфтанд. Бояд як касро зиндонӣ кунанд ку охир. Ва ҳоло акнун ба ин хулоса расидаанд, ки як касро бояд зиндон кунанд. Саги бесоҳиб дар дашт мо мондем. Ва дар ниҳоят кор ҳамин хел шуд.

Онҳо(милисахона) аз ҳар шикоятҳое шаҳрвандон мекунанд 50 фоизашро мегирифтаанд. Ҳоло акнун пул пас гирифта шуд, баракс дело карданианд, ё кардаанд.

Дасти Одинаев Толиб дарозтар аз сардори милиса будааст. Вай фармон дод вазирро. Вазир инҳоро  гуфт. Вай худаш нагуфт, ки бо инҳо масалан бо Умаров ин корро буд мекунем. Вай ҳатто худаш ба отдел наомад. Одинаев Толиб як шағолчаашро роҳӣ кард. Он шағолчааш омад, телефонро дар громкост монданд. Гап зад, гуфт, ки «ман ҳамата фалон кардагӣ нестам». Одинаев Толиб началник милисаро гуфт мефаҳмед!.

Гуфт «ман началник милисаям. Мо инҷо бисёрием». Одинаев Толиб гуфт «ман фалонут кардум. Ма ҳақу ҳуқуқа ҳамунда додагиюм ҳамуна занг бзанен кора буд мекунад».

Мансур Умаровро дар назар дошт. Ба ҳамон хотир ман онҷо фаҳмидам, ки Умаровро додагианд. «Шумо куҷое меред бред, фалонма хурдан наметоне, ман додагиюм пула, ҳамата фалон мекунам». Ин одам раиси «Ҳомиёни ватан» аст.

Барои пас гирифтани пул аз Одинаев Толиб ба як муовини Прокурори генералӣ баромадем. Гуфт, ки бародар бо инҳо сану ман накунед. Ҳиҷ кор карда намешавад Одинаев Толибро. Шумо якум одам нестен ва садҳо чунин деллоҳо дар прокуратураи генералӣ вуҷуд дорад. Зури Юсуф Раҳмон намерасид ба ин Одинаев Толиб. Ҳоло акнун ин Ҳабибулло Воҳидзода тамоман қадр надорад дар назди ин круг. Хулоса зуртон намерасад ва қонун ҳам шуморо ҳимоят кардан наметавонад.

Акнун корро бубинед чихел тоб хурд бар зидди худи ман. Дар отдел бар алайҳи ман деллои ҷиноятӣ кушодаанд. Медонед чигуна делло ? Гӯйё ман дар вақти шикоят навиштанам як телефони кадом милисаеро аз отдел дуздидаам. Охир наход туҳматро ба шакле созед,ки як кудак ба он бовар накунад. Аллоҳ шоҳид аст ман ягон телефоне надидаам ва ман як номзади илм се донишгоҳ хатм карда ба чунин кори паст даст занам? Ҳатто ин аризаро ҳам ман нанавиштаам, охир туҳмат ҳам ҳадду андоза доштагист.

Муҳим омада гуфтанд агар хоҳи зиндон нашавӣ баромада рав, ки ҳатман зиндонат мекунанд.

Аз додарам забонхат гирифтаанд, ки мо овардани ӯро-экстрадитсияи ӯро таъмин мекунем. Барои як телефон ин қадар ғам намедиҳанд, бигзор «Айфон- 16»- и 1500 доллара ҳам бошад. Барои ин пул як одамро ин қадар пурсу суроғ намекунанд. Яъне об аз боло лой ҳаст.

Ҳаёт дар ватани мо ва шумо ана ҳаминхел аст ва як калимаам дурӯғ ва туҳмат нест. Ман шахси бе савод ва тасодуфӣ нестам, ки надонам чи мегуям ва барои чӣ инро навиштам ба шумо.

Аммо дар марҳалаи аввал, ки кор сар шуд, бисёр худашро «деловой» ва «корбудкун» нишон дода буд Одинаев Толиб  «ису мекунем ису мекунем, ҳатман кора бут мекунем мегуфт». Аммо дар ахир омад, ана ҳамин хел шуд. Ба доди мо олимон кӣ мерасад?

Сообщение  580.000 сомонӣ- 60 000 доллар(!!!) «ставка»-и курсии мудири маорифи Ваҳдат     появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №215
Номаҳои фиристодаи шумо тавассути мақомот ҳатман расидагӣ ва баррасӣ мешаванд. Мақомот тазоҳур мекунанд, ки намебинанд. Аммо ҳатман мебинанд ва месанҷанд. Чунки онҳо фаҳмиданд, ки ончики дар «Ислоҳ» чоп мешавад ифодаи ҳолату воқеияти рӯз аст. Инки «фабрикаи ҷавоб»-у Авангард аз нав фаъол шуданд ва ҳамарӯза садҳо навиштаи беасосу бемаънӣ бар зидди мо чоп мекунанд, як далели равшани он бошад, ки режим беш аз пеш дар гирудору набарди мафкуравӣ бо шикаст рубару мешавад, далели дигар навиштаҳои худи шумо аст ки аз натиҷа ва асароти номаҳои чопшуда ба мо маълумот мефиристед.

Номаҳои омада аз Кушониён ва Нуробод далели раднопазир ба ин гуфтаҳои мо аст:

Кушониён

Ассалому алейкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқбол. Мо чанд вақт пеш дар бораи раиси ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён  ба шумо нависта будем ва шумо ҳам нашр кардед.

Бо баракат ва шарофати барномаи Шумо ӯро аз кор гирифтанд. Муроди сиёҳ ном дошт. Ман фикр намекардам, ки барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и «Ислоҳ»  ин тавр таъсир мегузарад. Фикр мекардам, ки онҳо навиштаҳои «Ислоҳ»-ро дар мадди назар   намегиранд, аҳамият намедиҳанд. Вале дидам, ки ин барномаҳо бисёр фоида доштааст. Муроди сиёҳро аз вазифа гирифтанд. Ду сол пеш вай раиси ҷамоати Кушониён буд ва ба сабаби заминфурӯшии ғайриқонунӣ дастгир шуда буд. Як моҳ дар СИЗО шишт вале бо кумаки Раиси ноҳия Икромиддин Вализода писари Сироҷи Валӣ боз баромад ва боз раиси ҷамоат шуд. Дар бораи вай дар «Номаҳо…» тахминан ду моҳ пеш чоп шуда буд. Аз байн ду ҳафта нагузашта аз вазифа гирифтанаш. Вале боз дар военкомати ноҳия чи вазифае гирифт. Барои аз облава наҷот додани як ҷавон танҳо барои як призив (мавсим)5000 сомонӣ бо корманди кумитаи амният мегирифт. Вақте раиси ҷамоат буд, барои як справка аз сӣ то чил сомонӣ мегирифт. Бо ҳамроҳи танзим барои иҷозати як туйро гузаронидан то 500 сомонӣ мегирифт. Ва боз маҷбур мекард, ки ба ягон газета обуна шавед.

Мо, инҷо чандин нафар ҳастем ва ба ин қарор омадем, ки минбаъд барои шумо бештар менависем. Ба шумо барори кор мехоҳем. Аз сокинони ноҳия хоҳиш менамоем ҳатман нависанд ноадолатиҳое мебинанд ва натиҷаашро бо чашмони сарашон мебинанд.

Роғун

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!

Аз Роғун бароятон менависам. Дар тарафҳои мо мардумро дар деҳаҳо ҷамъ намуда маҷлис гузаронида дар бораи интихобот ва хизматҳои беназири пешво гап зада истодаанд. Фақат таърифу тавсифи пешво аст кору бор ва зиндагию давлату давлатдорӣ.

Аз аввали феврал, ҳоло, ки фармони барои облава набаромада, дар тамоми Роғун  ва деҳаҳои атрофи он облаваро сар кардаанд

Як баччаи амакам бечора тавалудаш 1999, ҳоло ҳам бе зан. Ҳамин як моҳ пеш рафт аз Русия фотиҳааш карданд. Ҳадаҳо военкоматҳо ба сараш рафтанд. Боз бечора омад Русия.

Деҳаи мо Чашмаи кулоҳ ном дорад. Ба шаҳри Роғун дохил мешавад. Як намуд ҳаромхурӣ инҷо рафта истодааст. Мардум аз дастаи аблавачико талхакаф. Аммо яктоаш наменависад. Ҳамаи баччаҳои нав зан гирифтагӣ, як хел ҷавонҳои безан, ки 25у 26 солаанд аз Русия меоянд, як ҳафта наистода, ки аз военкомату ҷамоат ба сарашон меоянд. Фарқ надорад, ки замистон аст, то облава вақт ҳаст ё не. Мавсими облава ду моҳ тирамоҳ, ду моҳ баҳор аст. Аммо инҳо зимистон ҳам меоянду тобистон ҳам. Корашон пулканӣ. Ҷавонҳои нав зан гирифтагӣ, бечораҳо пеши наварусонашон серӣ наистода по ба фирор мегузоранд. Як рӯзи сиёҳу бад дорем дар Роғун. Ин ҳолат то кай давом мекарда бошад?

Нуробод

Ассалому алейкум бародари азиз Муҳаммадиқбол. Ман аз деҳаи Сари Қош, ҷамоати деҳоти Хумдони Нуробод мебошам. Ман дар бораи Баҳриддин Асоев раиси маҳаллаи деҳаи Сари Қош маълумот доданиам.

Бародар Муҳаммадиқбол, мо барномаҳои шабакаи «Ислоҳ»-ро бисёр тамошо мекунем ва дар ҳақи нависандаи он номаҳо аз Нуробод, ки дар асоси онҳо чанд барномаи махсус нашру пахш кардед ва дар ҳақи шумо муборизон дуо мекунем. Дар ҳақиқат дар он барномаҳо ҳам дар бораи ин нафар-Баҳриддин Асоев ва ҳам дар бораи бузҳои ноҳия маълумоти дақиқ ва рост гуфта шуда буданд.

Ҳозир, чанд вақт мешавад, ки Асоев Баҳриддин дар пеши баъзехо мегуфтааст, ки касе моро нависта ба «Ислоҳ» додааст мақомот хоҳем нахоҳем, дер ё зуд ӯро дастгир мекунанд. Боз гуфтааст, ки агар мақомот ӯро дастгир кунанд, шиканҷаи сахт медиҳанд, то ба дараҷае, ки мурдаи Ленинро ба кала мегирад.

Бубинед ин бешарафон Ленинро пешвои худ медонанд. Ин бузҳои маҳалла мегуянд, он касоне, ки моро ба «Ислоҳ» навистааст, даракашро ёбем аз деҳа пешаш мекунем ва дар рӯзҳои мусибаташ иштирок намекунем, токи ба дигарон дарси ибрат шавад. Бубинед, ин бешарафон боз номусашон омадааст, тавба.

Э.Баҳриддин бас кун, ки ҳоло феълан фурсат дорӣ. Аз раиси маҳаллагӣ барову бас кун,   худатро аз мақомотҳо дур кун ва эҳтиёт бош, ки оҳи ин мардуми мазлум туро ба хорӣ мекашад.

Душанбе

Ассалому алайкум ва раҳматулоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол!

Ман Валиев Дилшод (ном иваз шудааст) сокини маҳаллаи Гулпарвар. Дар бораи раиси маҳаллаамон, ки ӯро Ширин ном аст боз баъзе маълумотҳо дарёфт кардам. Ин раиси касифи ҳаромхур қасам ба бузургии Аллоҳи меҳрубон худи ҳамин саҳар як ҳамсоя туй дошт, духтарашро гусел мекард омада онҷо нанишаста разветка карду рафт. Аз пасаш участковийи Гулпарвар бо ҳамрохи як милитсияи дигар омаданд ва ҳама ҷоро сурат гирифта соҳибтуйро, ки устои мошин мебошад 10 ҳазор сомониашро канданду рафтанд. Ин касифи ҳаромхур мардумро чунон ба дод оварда аст ки то бас гуфтан. Валлоҳӣ касам мардумро ба ҳар воситае набошад мефурӯшанд, ки ҳатто метарсанд номи ин бадбахтро гиранд. Ин ҳаромхур дар чор вазифа кор мекардааст. Проводники поезд дар хатсайри Душанбе- Тошканд, автошкола кушодагӣ, раиси маҳалла ва боз бузи чусту чолок. Ин хел бузи бе раҳмро надида будем. Нону намаки мардумро хурда боз мераваду мефурушад. То кай ин шиканҷаҳо идома меёбанд.

Як ҳамсоя дошт бо тахаллуси Сергей. Ин ҷавон ҷавони ҷасуру спортсмен буд, ки гапзаниаш намемонд. Ин ҷавонро подсавит карда суд кард, баъд пару болаш кушода шуд.

Ман намедонам шояд маро имрӯз ё фардо мақомотҳо вардоранд. Лек ман масъулият гирифтам то ки ҳамин номаро ба шумо фиристам ва шояд ҷасорати мардумро камтар боло барад.
Агар сари роҳи ин бадбахтҳоро нагирем, чунки ин бузи мода шудагӣ. Бузҳо байни ҳам «саринаваниярам» мекунанд. Тоба.
Ширин ҳар моҳ мардумро ба тайёрии ҳарбӣ ба ҷанг ба стадиони Автосентр ноҳияи Фирдавсӣ даъват мекунад. То комиссия аз ҷониби Дастгоҳи президент омада тафтиш мекунад, ки оё мардум тайёранд ба ҷанг ва ҳимояти пешво. Охир пас аз ин ҳама зулму ситаме шумо мекунед фикр мекунед ин мардуми зери зулм қарор гирифта аз шумо ҳимоят мекунанд?
Як адад трансформатор оварда шинонданд аз ҳисоби давлат. Аммо боз аз мардум 200 долларӣ ҷамъ карданд. Баъзе аз бузҳои дигар дар атрофаш ҳастанд, ки фақат ӯро таъриф мекунанд ва корҳояшро пеш мебарад. Яктои ин бузҳо Неъмати магазинчӣ, ки мардум уро Неъмат-машеник ном мебаранд. Дигараш Обид, ки камазист аст. Ин ҳаромхурҳо оби нушокии барои 80 хоҷагиро ба 300нафар фурӯхтанд, ки дигар обро зора кунӣ намеояд, мисли хоҷа боғ дорӣ шуд ин об.
Мардум ба Худо ҳама барномаҳои шуморо тамошо мекунанд вале ҷасорат надоранд, метарсанд. Руҳияи ин мардумро боло бурдан даркор, то ки бедор шаванд. Шумо барномаро нашр кунед, ман ташвиқ мекунам то ҳама бинад. Барномаҳои шумо ба мардум ҳатман таъсир мекунад.
Шумо маро яке аз сарбозони лашкари муборизон ба мисли худатон донед. Чунки   ман дар роҳи мубориза ҳамавақт тайёрам ва барои ҳамкорӣ бо шумо ҳам тайёрам.

Эй, кош рӯзе шаваду Аллоҳ шуморо ва моро пирузӣ бидиҳад. Мисле, ки ба намози ҷумъа мерафтам. Ба сафи Наҳзат модарҳову хоҳарҳо медаромаданд. Дар масҷид мавъизаҳо озод буд, саволу ҷавобҳо мешуд.

Валлоҳӣ аз рузе, ки Наҳзатро бастанд, масҷидҳоро бастанду мо хомуш истодем, боз сатрҳоро гирифтанду хомуш истодем дигар чи коре кунанд, карда истодаанд. Ин чи зафиӣ ва номардӣ аз ҷониби мо буд, ки истодагарӣ накардем. Ҳозир ба масҷидҳо рафтан барои гуш карлани таърифҳои Раҳмонов меравӣ. Охир ҳамон таърифҳоро аз ТВҳо мешунаванд мардум дар соатҳои барқ доштанашон. Боз масҷид меоянд ба ҷое Худову Расул шунаванд, боз пешвои шайтонро мешунаванд.

Имом мунофиқ аст, аммо мо аз пасаш намоз мехонем. Аниқ медонӣ, ки имом хатибе аз пушташ намоз мехонем як мунофиқ аст, боз меравӣ чун дигар илоҷе надорем. Вой бар мо! Дар бораи лампочкаи каммасраф, дар бораи Эмомалии тоғут мавъиза мекунад. Дар бораи сулҳу салоҳу тинҷиву оромӣ ва шукри истиқлолу шукр аз Раҳмонов мегуяд.

Хаёл мекунӣ, ки масҷид гиря дорад.

Ба Худо қасам ватан шумоҳоро пазмон шудааст, Ҷавонмардони роҳи росту роҳи Ҳақ аз дур ҳам бошад дасту пешонии шуморо мебусам.

Аллоҳ тезтар ва зудтар шуморо ва ба тавассути шумо ватанро пирузӣ диҳад. Мо дар ватан дар интизори шумоем ва моро насиби гузоштани намози фатҳро чуноне дар барномаҳои минбар мегуед насиб намояд.Омин…

Ваҳдат
Салому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз Ваҳдат ҳастам. Ин хабарро ба шумо мерасонам. Сардори шуъбаи тафтишоти ШВКД Ваҳдат Иззатуллоев Акмалҷонро кормандони коррупсия дастгир намуданд. Аввал 30ҳазор сомонӣ мегираду ба касе медиҳад ва боз барои худаш 24ҳазор сомонӣ мегираду ба ҷабрдида бисёр зулм мекунад. Ба ин маблағи беҳад калон қонеъ нашуда боз як буқаи калони ӯро талаб мекунаду мегирад. Ҷабрдида рафта ба коррупсия муроҷиат мекунад. Кормандони коррупсия дар хояи буқа пора менависанд ва ба ин баднафс медиҳанд   баъди гирифтани буқа рафта буқаро аз хонаи як қассоб ҳамчун вешдок мегиранд ва ӯро дастгир мекунанд. Ин Акмалро бори 2юм аст ки дастгир мекунанд. Бори аввал ӯро пул дода халос карданд. Падари ин Иззатуллоев Акмалҷон, Акобир Иззатуллозода Акобир прокурори пешинаи Ваҳдат мебошад ва чанд сол дар ноҳияи Мастчоҳ ҳам прокурор буд.  Хуб дар ёд дорам чанд барнома дар мавриди падараш дар гузашта нашр намуда будед. Гуфта будед ӯ одами Азизмои газетхонак будааст ва ҳамаро задагӣ. Ҳоло намедонам дар куҷо кор мекунад. Акмал сардори шуъбаи тафтишоти милисаи Ваҳдат бисёр одами баднафс аст. Кори ягон касро бе гирифтани пора буд намекард. Дар ҷони халқи Ваҳдат задагӣ аст. Ба монанди падараш як золим мебошад. Падараш дар солҳои прокурор кор карданаш дар мошинаш автомат дошт, бо силоҳ мегашт. Мардумро зиёд шикаста хурдагиаст. Дар Ваҳдат заминҳои корами обии зиёдро    аз они худ кардааст. Айни ҳол даводав доранд, ки кори Акмалро ҳал кунанд.

Бародар имкон бошад ин навиштаи маро зудтар расонаӣ кунед, ки ин золимону ҳаромхурҳо мувофиқи гуноҳаш ҷавоб диҳад дар назди қонун. Мо медонем, ки барои инҳо қонун вуҷуд надорад. Чунки Раҳмонов худаш золим аст ва дар муддати 33сол фақат ҳаромхуру золиму расво тарбият кардааст. Акнун мебинем Ҳабибулло Воҳидзода дар қазияи Акмал Иззатуллоев чи ҳукме талаб менамояд. Вақте як зан ва модари тифли ширхора дошта Рухшона Ҳакимоваро 8 сол ҳукм дод ин порахури гузароро чанд сол медиҳанд. Агар Азизмо дахолат кунад ба фикрам боз дубора дуздияшро давом медиҳад. Саломат бошед бародари гиромӣ барои нашри шикоятҳои мардуми бе дифоъ!
Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман шоҳиди як ваҳшонияте ҳастам, ки натавонистам дар дохили худам нигоҳаш доштам ва ин бори аввал аст ки ба шумо нома менависам. Барои он маҳз ба шумо нома навиштам. Чунки медонам расонаҳои дохилӣ онро чоп намекунанд. Гап дар бораи чи меравад?

Духтур, одам мурда истодааст, сум надоред гуфта табобат намекунад.

Як ҳамсояи синфи 7доштам. Ӯро бо пои худаш, бо пои равон соати сеи шаб бурданд, соат 10 шуд. Мо ин тараф медавем, он су медавем, мегуем, бибину табобат кун, намебинанд. Ин баччаро чи уколе карданд, ки реаксия дод, мурд. Як кудаке буд, ки фақат номи Аллоҳ дар забонаш буд.

Ин кудак ду руз грипп-сармохурда буд. Соати сеи шаб мешавад, ки дар хона як дасташ шох-карахт мешавад. Падараш бо як нафар аз хешовандонаш  бо мошин ӯро ба бемористони «Ёрии таъҷилӣ» мебаранд. Як сузандору мекунанду мегуянд, ки бемористони «Истиқлол» бубаредаш. Ӯро ба бемористони Истиқлол меоваранд. Вай дарунакӣ температура доштааст. Аммо дигар чашмашро накушод. Ман соати 4и шаб рафтам. Дар ошёнаи аввал носилка мондагианд. Пурсидам, ки магар инҷо ягон духтур нест? Ин кудак сапсафед шудааст, карахту шахшуда. Як беваи 60 сола буд, гуфт ман врач ҳастам.

Гуфтам чаро намебинед, кудак тамом карда истодааст, вазъи сиҳатиаш бисёр бад. Ин хонум гуфт, ки врачҳое, ки мебинанд хобанд. Як медбрат меояд, чашми кудакро мекушояд, ягон садо нест. Соат 8 шуд. Ин қадар ҷавонҳои таҷрибаомуз-практикантҳо меоянд, нигоҳ мекунанду мераванд.

Пас, рафтам кабинети врачҳо, ки ягон даҳ нафар истодагӣ ва байни ҳам «инаш ба инаш мегуяд «камбағалай намегирем». Дарро кушодаму гуфтам кудак синфи 7 асту 13 сола мебошад. Як шаҳбачаи тайёр аст. Лаънатӣ, барои сум шуда нигоҳ намекунӣ? Ту мурданӣ нестӣ? Ин гапҳоро ба врач гуфтам. Агар кудак мурад чи ҷавоб медиҳӣ? Аз нисфи шаб аст, ки кудакро овардагианд. То аппарати президент  менависам. Мурданат беҳ аст. Ту хондӣ  врач шудӣ, маошат, ки намерасад рав Русия сторйка кор кун, мисли дигар «дипломдорҳо».

Бародар, бовар мекунед, мо инҷо дар чи ҳолу рузем, ҳатто уборчиста сум мегуяд. Даҳани дар шиштагӣ. Баромадану даромадан сумакӣ. Хурокро ба бемор бурдан сумакӣ.

Дар даҳлез ягон сӣ нафар духтурҳо ҷавону пир гашта истодаанд. Эй гуфтам, мурданатон беҳ аст, мурдахурҳо. Як зан мегуяд, ки ҳамин апаро сиёмка кунед. Ба хиёлам ягон кас накард. Мардум гуфт, ки «хубшон кардӣ».

Сипас кудакро ҳамон враче,ки дашном кардам гирифт. Бурданд, томография карда 500 сомонӣ гирифтанд. Лекин кудак уже мурда буд. Гуфтанд, ки равед аз фалонҷо хун биёред. Овардем. Боз намедонам фарёд карданду боз аз амаки кудак чанд сум гирифтанд.

Дар охир гуфтанд, ки ин баччаро бояд дар бемористони «Ёрии таъҷилӣ-Скорий» укол намекарданд. Ин температураи дарунӣ дошт, мумкин набуд. Маро фарёд карда гуфт: боз нанависӣ, бисёр дашном додӣ, медонам аз сухтанат буд. Хайр кудакатон вазнин. Ман гуфтам аз соати 3 шаб барои чи дар Истиқлол врач нест? Мегуяд, ки дар беморхонаи калон дастгоҳи томографӣ кор намекунад. Ман ҳайрон шудам, ки наход дар як беморхонаи калон томография набошад?

Бародар, агар историяи ин духтурҳоро 10 рӯз нақл кунӣ, тамом намешавад. Тамоми духтуру мактаб ҳамин история, ҳамин ҳолу ранг.

Масалан дар мактаб партаи пеши синфхона ставка дорад-100 сомонӣ.

Охир кадом мусибатамонро гап занем. Намедонем, кай мо аз ин зулм наҷот меёбем. Охир ин чи давлату давлатдорӣ ва ҳимоят аз аҳолӣ ва шаҳрванду сокини пойтахти як кишвар аст. Вой ба ҳоли қишлоқҷойҳо ва ноҳияҳои дурдаст,ки ҳоли онҳо бидуни шак хеле вазбин аст ва ҳар рӯз мемиранд.

Нуробод

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Ман як модар аз ноҳияи Нуробод мебошам. Ман барномаҳои шуморо бисёр тамошо мекунам ва дар ҳақи шумо муборизон ва муҷоҳидин дуои хайр мекунам. Парвардигоро, ҳар куҷое бошед дар зери раҳмати Аллоҳи меҳрубон бошед ва он рӯзе, ки шумо ба ватан бармегардед, он рӯз, рӯзи озодии миллати мазлум бошад. Омин!

Ман пеши Худо зори дорам, ки дар Тоҷикистон ҳамаи амалҳои диниро озод бубинам ва ҳамаи занҳои мусалмони тоҷикро дар сатру ҳиҷоб бубинам, хондану таълими Қуръонро озод бубинам. Омин.

Мухаммадиқбол ман туро мисли баччаҳоям дӯст медорам. Аз барои Аллоҳ, ки мисли фарзанди худам дӯстат медорам ва дар ҳақат дуо мекунам. Кош фарзандони ман ҳам ба мисли ту олим мешуданд ва дар роҳи ҳақ зидди тоғутҳо мубориза мебурданд.

Ман ин номаро ба Русия равон кардам, то ки ба дасти шумо расад ва нашр намоед.

Ман аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов инчунин рӯзҳоро боварӣ надоштам, ки аз сари зани мусалмон ҳиҷобро мегирад, риш монданро ҷиноят мегуяд ва барои сатру ҳиҷоб кардани занҳо ва риш мондани мардҳо ва барои дар мағозаҳо фурӯхтани сатру ҳиҷоб қонун баровардааст, ҷарима супоранд.

Ман аз тамоми модарону падарони мусалмони тоҷик хоҳиш мекунам, ки фарзандонатонро барои наврузӣ ва барои пешвози Эмомалӣ ба маршировка намонед рафтан.

Ҳама дар як гап бошед. Мақомотҳо ҳеҷ кор карда наметавонанд.

Мешунавам, ки агар духтароне дар маршировка иштирок накунанд, мақомот аз волидони онҳо бо роҳи тарс додан пул мегиранд, гуё ту зидди маъракаи сиёсӣ баромадӣ, фарзандатро намондӣ иштирок кунад, ту наҳзатӣ ҳастӣ. Бо ин роҳҳо тарс медиҳанду пул мегиранд. Ёки духтаратро баъд аз хатми синфи 9 ба мактаб намони рафтан дар ҳол мақомот ба сарат меоянду ҷаримаат мекунанд, ё ки бо роҳи тарс додан (2000)-ду ҳазор сомонӣ мегиранд.

Инро бояд бигуям, ки мо модарон бетараф нестем. Мо ҳам аз Худо метарсем, азоби қиёмат душвор аст. Бовар кунед, дилам аз ин ҳукумати фасодзада мондагӣ аст. Ояндаи фарзандону набераҳоямон чи мешуда бошад?

Ё Худоё ба зудӣ ин чунин золимоне, ки зидди дин кор мекунанд, сарнагунашон гардон, омин!

Эй, мардум аз гуруснагӣ ва ташнагӣ натарсед. Як лаҳзае аст ки ин авлоди Раҳмонов сарнагун мешавад. Ин шо Аллоҳ ҳақиқату адолат пайдо мешавад. Ин шо Аллоҳ ҳамаи мардуми шарифи тоҷик зиди як авлод мехезанд.

Ба Худо қасам аз ин ҳукумат наметарсам. Фақат тарси Аллоҳ дар дилам ҷой шудааст. Болои ин ҳукумати тоғут ҳақ ҳуқуқҳои худамонро даъво дорем. Худоё нигаҳбони ҳамаатон бошад, муборизони роҳи Худо. Омин.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №215 появились сначала на ISLOH.net.