Архивы Сӣ солагии Истиқлолият - ISLOH.net

Чаро Искандаркӯл, кони намаки Хоҷамӯъмин не?
Абдумаҷид Достиев, яке аз кӯҳнаёрони Эмомалӣ Раҳмонов пешниҳод кардааст, ки  номи Искандаркӯлро ба номи Раҳмон тағйир бидиҳанд. Ва, ин кӯл Раҳмонкӯл ё Кӯли Раҳмон номида бишавад.

Худо аз ҷурмат нагзарад, рафиқ Достиев! Раҳмоновро ба Искандаркӯл чи рабтеву  чи дахлеву чи пайвандеву чи нисбате? Беҳуда нагуфта будаанд, ки «дар пеши даҳан чи фарозу чи нишеб»?

Вале  инро бояд бигӯем, ки Достиев танҳо аз куҳнаҳои  нафақахӯри  ҳукумати Раҳмонов нест, ки ин тавр «публично»  хушомаду тамаллуқ мезананду дум меликонанд ва пешниҳодҳои «дар қуттии аттор» намеистода мекунанд. Ин пешниҳод айни ҳамон пешниҳоде аст, ки солҳои қабл ӯро ба ҷоизаи Нобел пешбарӣ карда буданд. Ва ё Ҳикматулло Насриддинов ҳам чанд соли пеш хоста буд, ки барои Раҳмонов ҳайкал гузоранд ва барои бори дуввум бо унвони Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор дониста шавад. Ҳамин тавр пешниҳод ҳам шуда буд, ки дар 1000 сомонӣ акси Раҳмонов  бояд ҷой бигирад.

Маҳмадсайид Убайдуллоев , муаллифи «Ҷаноби олӣ» ҳам дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2006 гӯйи сабқатро дар чоплусӣ аз дигарҳо бирбуда эълон дошта буд, ки ин маърака «ҳамту»  аст, зеро халқи Тоҷикистон  кайҳо интихоби  худро кардааст.

Инро бояд бигӯем, ки ин нафарони дар гузашта дар канори Раҳмонов буда:-Достиев, Насриддинов ва Убайдуллоев то ҳамин имрӯз кору зиндагонии худро дар тамаллуқу хушомади раис гузаронидаанд ва аз тарафи дигар фарзандони ҳарсеи инҳо дар мақомҳои давлатӣ имрӯз ҳам кору фаъолият доранд. Ва инҳо бо ин ҳама тамаллуқу хушомадгӯиҳо ба Раҳмонов  курсиҳои онҳоро  мустаҳкам карданӣ мешаванд.

Аммо, тақдими медалӣ 30-солагӣ агар ин қадар  Достиевро ба ваҷд овардаву мутаассир карда бошад, беҳтар  ва муносибтар буд дар васфи мамдӯҳаш мадеҳа менавишт. Чун Достиев шоир ҳам ҳаст ва бо тахаллуси Бохтарӣ шеър менависад, (китоби ашъораш чоп шудааст) агарки албатта муаллифи воқеӣ худаш бошад. Шояд  дар ҳавои «Хирадномаи искандарӣ»-и Абдураҳмони Ҷомӣ менависад? Масалан, достоне менавишту «Раҳмон ва биҳишти рӯи замини ӯ» ном мегузошт. Онгоҳ достони шуморо дар васфи Эмомалӣ Раҳмонов асрҳо ҳам бигзарад, намешавад,тағйири ном кард. Аммо ҳоло бо гузашти асрҳо шумо мехоҳед Искандаркӯлро Раҳмонкӯл кунед.

«Пешниҳоди Достиев барои тағйири номи Искандаркӯл дар нашрияи СССР дар ҳафтаи гузашта чоп шудааст. Достиев бо ин пешниҳоди худ шояд хост, ки ба наҳве ба Эмомалӣ Раҳмонов  як кори хубе карда бошад ва хиёлаш ҳам ин аст ки бо ин пешниҳод подоши ин медалро додааст. »

Бо таваҷҷӯҳ ба вазъу шароити кунунии кишвар  на танҳо Искандаркӯл, балки тамоми Тоҷикистон ва номи худи давлатро ҳам ба номи Раҳмон кунед, кӣ чӣ мегӯяд? Кӣ не мегӯяд, ки дар харита номи Тоҷикистон Раҳмонистон шавад? Дар ҳақиқат «шумоҳо метавонед»!.Чунки хиҷолат намекашед, шарм дар рухатон нест, ҳаё надоред.

Рафиқ Достиев! Бар ивази онки Раҳмонов шуморо фаромӯш накарду медал дод, бар ивази онки  як замоне шуморо дар зиёфатҳо бо президентҳову шоҳону амирон  ҳамроҳаш бурд ва дар ивази он ки туфливу шими даридаатонро як замоне нав кард ва бар бадали онки дар ЖЕУ бароятон хона дод, Искандаркӯлро ба номи Раҳмонов гузоштаниед?!

Мегӯед, ки Раҳмон баъди 1000 сол  давлати Тоҷикистонро сохт ва ҳеҷ касе то вай ин корро накардааст.

«Шумо, чи тавр ошкоро дурӯғ мегӯед ва мижаатон хам намехурад? Раҳмонов, вақте мардум барои истиқлол мубориза мебурд, зидди истиқлол ва тарафдори барқарории СССР буд. Шумо метавонед инро инкор кунед? Раҳмонов савори танкҳои Узбакистон ва дар даст пулемёти русӣ  ва чун як гумоштаи Русияву Ӯзбакистон вориди Душанбе шуд. Ӯ  чи тавр давлатсозу давлатдор будаст, ки  ҳамин имрӯз ҳам аз ҷабру ситами вай ҳазорон-ҳазор тоҷик овораву гуреза аст?»

Хуб, ҳоло гуфти шумо қабул шуд. Баъд чи мешавад?Номи Раҳмонов ҷовидонӣ мешавад? Ба Искандаркӯл насаби Раҳмоноро додед, чӣ иваз мешавад?Оби кӯл зиёд мешавад? Туристҳо зиёд меоянд?

Рафиқ Достиев! Шумо як одами солхӯрда ҳастед. Дар ҳукумати Ленин ҳам кор кардеду аз Сталин ҳам бохабареду аз Брежнев ҳам. Ҳоло ку ҳайкалҳои онҳо, ку гапу ҳарфҳои онҳо, ку номҳои онҳо Масалан ку Сталинобод?  Масалан ку совхози ба номи Ленини Данғара ва ноҳияи Комунистӣ?

Раҳмонов номаш мемонад? Дар 25 солагии Истиқлол ба шумо ягон чи нарасид, медал надод, сокиту хомуш будед.

Бовар кунед шумо гузаронидед, шӯрашро даровардед.

«Дар ҳамон пояи ҳайкали Исмоили Сомонӣ мавзолей созеду  ҷасадашро мисли ҷасади Ленин мумиёӣ кунед, балзам шакеду онҷо дафн кунед. Як муллои чоплуси дигарро дар тори сари ҷасади муъафан шинонеду аз ӯ тавсиф кардан гирад. Шояд  онгоҳ қонеъ бишавед, шояд онгоҳ Раҳмоновро  подоши сазовор бидиҳед.»

Эҳ… Достиев, Достиев ! Мардум аз номи Раҳмонов кайҳо безор шудааст, шумо бошед…..Ё  шояд амдан чунин пешниҳодҳоро мекунеду  ба оташи нафрати мардум мум мерезед?…

Бубинед, Раҳмонов дар ин ҷашн ба хелеҳо медал дод. Агар онҳо ҳам мисли рафиқ Достиев аз фарти ҳаяҷону эҳсос хостори табдили номҳои таърихӣ ба номи Раҳмоновро шаванд, Тоҷикистон холӣ аз таърих мешавад. Ва, агар Раҳмонову Достиев, ба толеъи бади халқи тоҷик то 35 солагии истиқлол зинда бошанду Раҳмонов он сол ҳам медал диҳад, Достиев боз  куҷоро бо номи Раҳмонов иваз мекарда бошад? Воқеан як идда намедонанд, ки бо Раҳмонов чи бикунанд. Шояд пайғамбараш эълон мекунанд? Аммо аз ҷониби дигар ин Раҳмонов  аст ки достиевҳо омаданду  мансабдору пулдору шаҳрнишину душанбегӣ шуданд.

Як нуктаи дигарро ҳам инҷо бояд мутазаккир бишавем, ки медал додани Раҳмонов ба Достиев, ки чандин сол мешавад, ки дар гуша қарор гирифтаву фаромӯш шудаву узлатнишин шудааст, он қадар таъсир кардааст, ки  дар ин номаи чоплусонааш аз мавқеъи қаблиаш дар бораи сулҳу оштии тоҷикон гаштааст. Вай аз маъдуд ҳамсафони Раҳмонов буд, ки мегуфт сулҳ ду тараф дорад ва дар саргаҳи яке аз тарафҳо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ меистад.

Аммо дар ин нома ҷонибҳои сулҳро чунин муаррифӣ кардааст:

Хиради азалии миллат.

Ғурури миллии Пешвои Миллат!!!

Бо ин тафсиру таъвили булаҷабонаи худ Достиев, ки худ ба ҳайси роҳбари  як навбати ҳайати музокиротии ҷониби ҳукумат ва муовини раиси Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон кор кардааст, на танҳо худ, Раҳмоновро ҳам ба боди масхараву мазоҳ  кашидааст.

Акнун, ба гуфтаи Достиев дар сари мизи музокирот ду ҷониби рӯбарӯи ҳам нишаста «хиради азалии мардум» ва «ғурури миллии Пешвои миллат» будаанд. Ва, инҳо бо ҳам оштӣ кардаанд. Раҳмонову ғурураш бо хиради азалии мардум! Бармеояд, ки байни Раҳмонов ва хиради азалии мардум ҷангу даргирӣ ҷараён доштааст.

Рости гап аз ин ҳарфи бемаънову бемазмуну бемантиқро «қопал карда гӯем» (ибораи дӯстдоштаи Достиев) қабл аз ин ягон бор на дидаему на шунидаем. Воқеан  ҳам инҷо мақоли халқии «Дарро задам,девор кафид»  ба хотири кас меояд. Аҷаб! Мардум барои хушомадгӯиву тамаллуқ чи гапҳое, чи дурӯғҳоеро  намебофанд.

Дар ин нома ҳамчунин онҳое, ки дар саргаҳи муборизаҳои милливу мардумӣ барои озодиву истиқлолу  ватан ва забони миллӣ  қарор доштанд, аз ҷумла Тоҳири Абдуҷаббор, Аслиддини Соҳибназар , Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Давлати Худоназар ва чанд нафари дигарро, бидуни зикри ном ва бо киноя ҳамчун «тезпазак»— у мансабталаби “тасодуфи»— ба қалам дода онҳоро «балои аз таги по хеста» хондааст. Достиев онҳоро барои он интиқод кардааст, ки   бо «исломгароҳо» пайвастанд  ва «мардуми содаро гумроҳ карда, ба ноҷуриҳои оммавӣ хезондаву бо исломигароҳо пайвастаанд, ҷанги шаҳрвандиро оғоз бахшиданд».

Дар идома навиштааст Достиев : «Бо ин амал онҳо хавфи боз бе давлат мондану парокандагии миллатро ногузир сохтанд. Хушбахтона, мардуми бонангу бономусамон алайҳашон бархеста, бисёриҳо қурбон ҳам шуданд ва ба бахти мо тоҷикон, нафареро Сарвари давлат интихоб карданд, ки таҳдиди марговару ногузирро бартараф карда, кишвари ҷангзадаро ба яке аз кишварҳои ободу дар ҳама ҷода намоён расонд. Ин кас яке аз абармардони машҳури ҷаҳон, Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд».

«Аҷаб дунёе? Аз одамонат гардам Тоҷикистони азиз. Нафареро,ки зидди истиқлол буд, нафареро, ки бо дасти Русияву Узбакистон ва бар ивази куштаву овора кардани нисфи миллати тоҷик қудратро ғасб карда ва ҳоло тамоми бачаву духтарҳояшро ба ҳокимият овардааст, нафареро,ки байрақи сурхи СССР дар болои сар омад, имрӯз шуд  давлатсозу  ободгар! Хушомаду чоплусиву маддоҳиву тамаллуқ воқеан ҳам ақли шуморо рафиқ Достиев зоил кардааст!»

Гуфтем,ки Искандаркӯл ба Раҳмонов чи нисбате дорад?Дар воқеъ чи рабте  дорад ба Раҳмонов?

«Агар ба номи Раҳмонов маҳалле ва ё мавзеъе номгузорӣ шавад, муносибтар буд,ки мактаби рақами 7 Данғара, омӯзишгоҳи касбӣ-техникии Калининобод, корхонаи равғанкашии Қӯрғонтеппа,  универмаги Данғара, совхози ба номи Ленини Данғара ,қасри Арбоби Хуҷанд, МОИ- минтақаи озоди иқтисодии Данғара  ва ё вилояти тозабунёди Данғара ва ё Донишгоҳи давлативу тиббии Данғара, мунтаҳо  тамоми Данғара ба номи Раҳмонов гузошта шавад, як каме ҳам бошад, мантиқӣ мешавад. Чунки ин ҷойҳо пайванде бо Раҳмонов доранд ва қисме аз онҳоро Раҳмонов аз ҳисоби тамоми мардуми Тоҷикистон сохту обод кард.»

Агар Раҳмонов президенти Тоҷикистон намешуд,ин ҳама иншоот сохта намешуд. Ва  шояд ҷаноби Достиев,шумо аз рӯи рафоқату дӯстии аз ҳад зиёд, меҳру муҳаббат ва садоқати бепоён ҳамон ресторани худро дар маҳаллаи «Асфалтний»-и Душанбе  ба номи Раҳмонов бигзоред, бахусус, ки дар ин ресторан «танес живота» ва «живая музика» мавҷуданд ва Раҳмонов ҳам мухлиси сахти рақсу мусиқӣ мебошад ва шумо ҳам ба наҳве  подоши медали сисолагиро ба Раҳмонов бармегардонидед.

Вале агар бихоҳед, ки ба  ягон мавзеъи  таърихӣ номи Раҳмоновро бигзоред, беҳтар ин аст ки кони намаки Хоҷамӯъминро тағйири ном кунед…. Унвони хоҷаро бо насабаш илова кунед,ки мешавад «Хоҷараҳмон» Ба ҳар ҳолат ин як каме қарибтар аст…Искандаркӯл аз ҳар лиҳоз ба Раҳмонов намечаспад ……Зеро пойи Искандар ба инҷо нарасидааст ва  дуруст ҳам гуфтаанд, ки «Ҳеч ниёзу баҳонаву далеле барои номгардон кардани Искандаркӯл нест. Номи он кӯл Искодаркӯл аст, бар гирифта аз деҳаи назди кӯл деҳаи Искодар. Вожаи Искодар бошад аз суғди ба мо мерос омада. Танҳо замони омадани русҳо ба минтақа он кулро Искандаркӯл ном бурданд, ҳамон ҳам аз истилои рус боқӣ мондааст. Чоплуси ва тамаллуқ ҳам ҳадду андозае дорад»…… рафиқ Достиев!

Сообщение Чаро Искандаркӯл, кони намаки Хоҷамӯъмин не? появились сначала на ISLOH.net.

Сӣ соли истиқлол бо як Диктатор (бахши шашум)
Эмомалӣ Раҳмонов маҳалгароиро  чи гуна «давлатӣ» кард?

Эмомалӣ Раҳмонов, диктотуре, ки сӣ сол аст қудрати сиёсӣ дар кишварро қабза кардааст, тайи солҳои ахир ин сиёсатро пеш гирифтааст, ки дар мансабҳои давлатӣ асосан ҳаммаҳалҳои худро таъйин кунад. Агарчи дар зоҳир аз ваҳдати миллат, якпорчагӣ ва иттиҳод сӯҳбат мекунад вале  дар амал маҳалгароиро дар сатҳи давлат бароварда, сиёсати кадрии худро дар замина ва бинои маҳал татбиқ карда истодааст.

Ҷой дорад хотирнишон намоем, ки ҳанӯз   аз ҳамон рӯзҳои аввали сари қудрат омадани ӯ ва дигар намояндагони Фронти халқӣ ҳамин сиёсат роҳандозӣ шуда буд. Ҳикматулло Насриддинов, собиқ Котиби Ҳизби коммунист ва депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар солҳои аввали омадани намояндагони Фронти халқӣ дар соли 1992 ба қудрат дар рикоби Раҳмонов қарор дошт дар китоби худ бо номи «Таркиш»  он солҳо навишта буд, ки  бо дастури Сангак Сафаров, раиси ин Фронт аз вилояти пешини Кулоб   80 нафарро ба Душанбе оварда дар вазифаҳо, аз ҷумла радиову телевизион ба кор истихдом карданд  ва ҳамин тавр қарор бар ин шуда буд, ки менависад  вай  ҳеҷ ягон нафар аз тарафдорон ва ё шахсиятҳои ин вилоятро, ки бо мухолифин ҳамкорӣ кардаанд, набояд муҷозот кард, балки онҳоро ҳам дар ҳукумат кор гирифт. Ҳамин тавр Шарофиддин Имомов, муовини раиси созмони «Растохез», Абдуҷаббори Раҳмон, узви раёсати ин созмон ва Асадулло Раҳмон, ҳоло ёрдамчии раиси ҷумҳурӣ дар умури кадрҳо, дар доираи ҳамин сиёсати маҳал ба корҳои давлатӣ ҷалб шуда буданд.

Нуктаи дигар ҳам дар мавриди онки Эмомалӣ Раҳмонов бо расидан ба сари қудрат ҳамин сиёсати маҳалгароиро дар авлавияти кори худ қарор дода буд, ин аст  ки ҳанӯз дар солҳои 1996-1997 бо онки дар аксарияти шӯъбаҳои милисаву амният кадрҳои «бачаҳакои боло» таъйин шуда ва дар маҳалҳо даст ба бедод мезаданд, як шӯришҳову исёнҳои мардумӣ дар Уротеппаву Панҷекату Хуҷанду бархе дигар аз навоҳии шимоли кишвар рух дода буд ва ин «бачаҳакои боло»-ро барои  чанд муддат ақиб бурда буданд. Он замон тамоми кишварро як руҳияи зидди ин сиёсат ва ин давлат фаро гирифта ва мардум сахт умедвори омадани нерӯҳои оппозитсиюн ва бартараф кардани ин авзоъ буданд. Аммо сар аз ибтидои солҳои 2000, ки чизе иваз нашуд, сиёсати маҳалгароӣ ва ба мақому вазифаву мансабҳо таъйин кардани «бачаҳакои боло» дигарбора ба иҷро дароварда шуд.

Дар ҳоли ҳозир  кадрҳои  вилояти собиқи Кулоб ва бахусус Фархору Данғара  беш аз 80%-и мақомоти раҳбарӣ дар ҳукумати марказӣ ва мақомоти вилоятиву ноҳиявиро ишғол мекунанд.   Дар шӯъбаи корҳои дохилӣ, додситонӣ, амният, мубориза бо коррупсия, мубориза бо маводди мухаддир, суд, идораи андоз ва гумруки саросари кишвар  кадрҳои ин ду ноҳия ҳатмани ҳатман ё сардоранд ва ё муовин ва амалан ноҳия ва ё шаҳрро онҳо идора мекунанд. Барои мисол Иззатуллои Акобир, «аз бачаҳакои боло»-додситони ноҳияи Мастчоҳ -ин ноҳияро идора мекунад ва гапи ӯ болотар ва бурротар аз раиси ноҳия аст. Дар ин маврид чанд матлаб ва навореҳам нашр намуда будем,ки метавонед бубинед. Онҳо на танҳо, соҳиби ин вазифаву мансабанд, онҳо амалан, чуноне гуфтем соҳиби ин шаҳру ин ноҳия  мешаванд ва барои онҳо ин қадар салоҳияту ваколат ва ихтиёроти беҳадду марз дода шудааст, ки ҳар ғалате бихоҳанд анҷом медиҳанд.

Фарз кардем сардори милиса ва ё сардори амнияти ноҳияи N,ки аз «боло» омадааст, ҳадафаш ин нест, ки дар ин ноҳия тартибу низом, қонуният ва ҳуқуқи мардумро рияот ва ҳимоят кунад, вай инҷо бойшавӣ омадааст, бояд, ки фақат дуздаду сарватҷамъоварӣ кунаду ғорат намояд. Мегӯянд, ки як нафар аз ҳамон «бачаҳакои боло» ,ки камтар аз як сол дар яке аз шуъбачаҳои як ноҳия сардори милиса буд, вақте бозпас бурданаш танҳо гови ҷамъоварӣ кардааш 70-сарро ташкил додааст, ки дар чанд КаМаз бурдааст. Дар мавриди раиси КДАМи Лахш Оқил Исоев ва молу мулкҳое аз ин ноҳяи ғорат кардаро бо санад ва ном ба ном тақдиматон намуда будем. Онҳо бар ивази ин ҳама имтиёзоту ихтиёрот вазифаи асосиашон ин аст, ки ҳукумати Раҳмонов ва ҳукумати авлодиву қабилавии худро ҳифзу ҳимоят кунанд. Чапаву рост аз мардум ришват мегиранд, пул меситонанд ва тарсу ваҳшатро дар қалби мардум амдан ҷо мекунанд, чун мардум чунин ҳукумат ва намояндаи ҳукуматро, ки ошкоро ришва гирад ва тарафдори пулдорро бигирад ва ба хотири пул як бегуноҳро бараду маҳбас кунадро надида буданд. Ва, ин сиёсат, ки бояд аз ин ҳукумат битарсандро аз худи боло барояшон дастур медиҳанд. Беҳуда нест, ки Раҳмонов чандин маротиба дар суҳбату мулоқотҳояш бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ошкоро таъкид мекунад:

«шукр гӯед, содиқона хидмат (ба ман) кунед, утоқи корӣ, мошини хидматӣ, бологузар»….ин ҳама намёкҳо ҳадафмандона ва ишораҳову рамзҳо дорад, ки ман барои шумо ин шароитро додаам….» як бор андеша кунед, ки чанд сол пеш кӣ будеду  куҷо будеду чи доштеду ҳоло чи доред»?

Яъне барои шумо шароитро додам, ки халқро ғорат кунеду бой шавед…аммо бояд ману ҳукуматамро ҳимоят кунед.  Барои ҳамин Эмомалӣ Раҳмонов ҳаммаҳалу ҳамшаҳриҳояшро ба мансабу вазифаҳо меоварад.

Ҳамчунин тамоми  вазирону раисони ниҳодҳои қудративу интизомии давлати Тоҷикистон ҳаммаҳалҳо ва ҳамшаҳриҳои худи Эмомалӣ Раҳмонованд. Бори дигар инҷо таъкид мекунам, то мардумони шарифи Кулоб ва Данғара, Фархор фикр накунанд, ки манзур мардуми оддиро дар назар дорем. Инҷо маҳз ихтиёраш аз он маҳалҳост ва ин як намуд отмазка ва гӯё шумо ҷанг кардед ман раис шудам ҳоло шумо ҳам бо манед. Дар ҳоле вазъияти вахими шуморо хуб медонем. Зулму ситаме бар шумо анҷом додааст ҳеҷ аҷнабӣ бар миллати дигаре накарда буд.

-СС. Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ,

-Рамазон Раҳимзода, вазири дохила,

-Ш. Мирзо, вазири мудофиа,

-Юсуф Раҳмон, Додситони кулл,

-Сулаймон Султонзода, директори Агентии мубориза бо коррупсия,

-Ҳабибулло Воҳидов, директори Агентии мубориза бо маводди нашъаовар,

-Қ. Чиллахон, раиси Палатаи ҳисоб,

-Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андоз,

-Хуршед Каримов, раиси Хадамоти Гумрук

-Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон.

Дар навбати худ ин вазиру раисҳо хешу табору аҳли авлоду ҳаммаҳалҳои худро ба вазифа ва масъулиятҳои ниҳоди зери раҳбариашон интисоб мекунанд, ҳамчуноне «Ислоҳ.нет» дар ин бора, масалан инки КДАМ комилан дар дасти фархориҳои хешу табори раисаш афтодааст, навишта буд.

«Бархе бар ин назаранд, ки таъйини ҳаммаҳалҳову ва гоҳе хешу таборҳо ба ин хотир аст, ки Раҳмонов ба онҳо бештар эътимод дорад. Ва, онҳо ба фасоду дуздӣ даст намезананд. Аммо воқеият тамоман чизи дигарро мегӯяд. Маҳз ҳаминҳоанд, ки дар ниҳодҳои зери раҳбарии онҳо ришвату пора ва дуздӣ бештар ба мушоҳида расидааст.»

Аз тарафи дигар ин савол пеш меояд,ки агар маҳаки эътимод маҳалл ва ҳамшаҳрӣ будан бошад ва ба маҳзи ҳамин омил онҳоро ба ин мақомҳо таъин карда бошад, ба мардуми одии дигар маҳаллу минтақаҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов боварӣ надорад? Ва, дигар инки чаро бояд идораи кишвар танҳо дар дасти одамони як маҳал бошад? Чаро ба  як маҳал дар нисбати дигар маҳалҳо бартарӣ дод? Магар мешавад танҳо бо дар гирду атрофи худ ҷамъ овардани ҳаммаҳалҳо миллат ва давлат сохт? Мешавад ин ҳукумат ва ин давлатро миллӣ гуфт?

Магар дар дигар маҳалҳо кадр ва мутахассис нест?

Дар боқии вазорату кумитаву оҷонсиҳои ҳукумати Тоҷикистон ҳам дар курсии аввал умдатан намояндаҳои ҳамин маҳал нишастаанд:

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ,

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷӣ,

Нуриддин Сайид Ҷартиевич, раиси кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ,

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм,

Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, вазири молия,

Давлаталӣ Сайид, нойиби аввали сарвазир, Азим Иброҳим, вазири нақлиёт.

Дар Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳурӣ:

Озодаи Раҳмон, Эмомалӣ Насриддинзода, Асадулло Раҳмон, Зариф Ализода ҳамагӣ данғарагиҳоянд. Ҳамин тавр дар бонкҳои кишвар низ фақат кадрҳои ҳамин маҳал  дар мақомоти калидӣ таъйин шудаанд.

Ин ҳама интихобу интисобу таъйинотро Эмомалӣ Раҳмонов ба иҷро медароварад. Аз чандин сол аст  ки меъёри интихобу таъйин кадрҳо ҳамин ҳаммаҳал будан бо Раҳмонов аст.

«Агар ошкоро бигӯем ҳадафи сиёсати кадрии Раҳмонов   чизе дигар аст. Бо тамоми имконот ҳарчи бештар ба даст овардани сарват ва пул аст. Барои онки бо дили пур ба сирқат ва яғмои байтулмоли давлат ва сарватҳои мардум даст бизанад, афроде сахт муътамадро бояд дар манобеи бойшавӣ, хазина ва захираҳо  маъмур гузошт. Кӣ метавонад бештар аз ҳаммаҳалҳояш, ки бештаринашон хешу табори худи Раҳмонанд ба ин нақша мувофиқ бошад? Аз тарафи дигар бо ин васила ҳаммаҳалҳои худро дар гирди хони давлат (буҷа)  наздик карда ва онҳоро ҳам соҳиби ҷоҳу мол мекунад. Бубинед, ки маблағи буҷҷа ва хазинаи давлат, ки аз оби арақи ҷабини ин мардуми заҳматкаш ва лашкари муҳоҷир ташкил мешавад, киҳо  онро обу лой мекунанд.»

Ҳар касе ҳам бошад шакку шубҳа мекунад, ки танҳо кадрҳои як маҳал мутахассис ва ҳирфаиянд. Дар дигар маҳалҳои Тоҷикистон кадрҳои профессионал вуҷуд надорад? Аммо агарки Раҳмонов, то ба ин дараҷа маҳалчӣ аст чаро худро  Пешвои миллат ва Асосгузори ваҳдат меҳисобад? Чи гуна як Пешвои миллат тамоми ҳукуматро ба ҳаммаҳалҳояш медиҳад ва маҳалли худро аз маҳалли боқии кишвараш боло мегузорад?

Раҳмонов қарор қабул карда буд,ки Данғара дар арафаи таҷлил аз 30-юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон мақоми вилоятро бигирад. Вилояти Данғара ва Данғара маркази вилоят. Ин нақша ва қарор чиро дар сӣ солагии истиқлоли давлатӣ дар амал татбиқ нагардид.номаълум аст. Аммо масъулони  ин ноҳия дар тобистони соли ҷорӣ низ тасдиқ намуданд, ки  ҳоло ҳар бино ва  сохтмони маъмурӣ,ки сохта шудаву сохта мешавад, масалан

« беморхонаи  сироятии Данғара , бинои Раёсати корҳои дохилии ноҳия, бинои Раёсатҳои ҳифзи муҳити зист, заминсозӣ ва геодезия, маркази санитарӣ-эпидемиологӣ»

Ҳамагӣ баландошёна  буда барои сатҳи  вилоятӣ пешбинӣ шудаанд. Ҷамшед Шарифов, муовини раиси ноҳияи Данғара  бо таваҷҷӯҳ ба ин дигаргуниҳо  дар нишасти хабарии моҳи июл изҳор дошт,ки «Ин маънои онро дорад, ки Данғара вилоят хоҳад шуд, аммо мо ҳоло вақти дақиқи ин тағйиротро намедонем».

Ҳамакнун Данғарар рӯзторӯз ободтару зеботар мешавад. Чойхонаи “Хуррамшаҳр”-аш дар Иттифоқи шӯравӣ ҳамто надорад. Донишгоҳи Давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии тиббии Данғара  рашки  Донишгоҳи миллиро меоранд. Чандин омӯзишгоҳу коллеҷҳо дар инҷо амал мекунанд. Аммо бо ин ҳама вуҷуд ба назар мерасад ҳоло Данғара омодаи вилоятшавӣ нест.

Кулоб дар баробари Данғара аз чӣ кам аст?

Ва ё кулобӣ аз данғарагӣ дар даврони раҳбарии Раҳмон каму ночиз шуд?

Ва агар кам шуд иллаташ чӣ аст?

Шояд иллаташ ин аст, ки Раҳмон барояш таваҷҷӯҳ накард?

Камтар аз кадрҳояш дар мудирият истифода карду ҳамаро аз Данғара овард?

Дар ҳар сурат Данғара аз Кулоб чӣ бартарӣ дорад?

Исломиддини Нуриддини Раҳмон,раиси Данғара бародарзодаи Эмомалӣ Раҳмонов аст.Шояд як ё ду соли дигар ӯ раиси вилояти Данғара хоҳад шуд ва ё чуноне аз долонҳои ҳукумат хабар мерасад Асадулло Раҳмон ба ҷой ӯ меояд ва аз пулҳои пора гирифтааш Данғараро зеботар мекунад?

Дар ҳоле,ки  Раҳмонов маҳалгароиро то ба сатҳи сиёсати давлатӣ расонидааст, магар мешавад аз чунин нафар умеди беҳбудӣ барои давлат ва миллати Тоҷикистон дошт?  Як чиз  яқин шудааст, ки  Раҳмонов одати зишти маҳалгароиро ба асоси сиёсати кадрии давлат табдил кардааст. Ҳарчи қадар,ки ӯ дар мақомаш биистад Тоҷикистонро ба маҳаллҳо қисмат карда ҳисса ва ҳаққу саҳми дигар маҳалҳоро ҳатман ба маҳалли таваллуди худ медиҳад.

Дар охир инро мехоҳам биафзоям, ки ин маҳалгароии Раҳмонов авоқиби вахиму шуме дорад. Бадбахти инҷост,ки агар ин кадрҳое интихоб ва интисоб намудааст агар ба ин ватан ва ин миллату мардум хидмати содиқона мекарданд мегуфтем тавонистанд қандашона зананд. Танҳо хидмат ба ин оила мекунанду боз ношармида хидматчии “давлатӣ” худро меҳисобанд. Хидматчии давлатӣ дар хидмати миллат ва мардуми ин давлат бояд бошад,на дар хидмати президент ва оилаи ӯ. Дониста ва огоҳ бошед, ки ин мардуми кишвар солу моҳу рӯз не, сония шуморӣ доранду зери бағал санги хашму ғазаби худро пинҳон намуда мунтазиранд, ки кай вақти мавъуд мерасад. Расидани вақти мавъуд ҳам аз худ пайк дода истодааст ва он рӯзи бузург Ин шо Аллоҳ, ки мерасад. Воқеан он рӯз хело рӯзи сангин бар ин оилаи “истиқлолдузд” ва нукарону чокарони онҳо хоҳад буд.

Дар охир мехоҳам ин ду шеъре аз ҳолати воқеии ин миллат ва ҳокиму қозии он шаҳодат медиҳад тақдиматон намоем:

Нафрини патёрагон

Ай ҳокимон, ай морҳо,

Дар чашми мардум хорҳо.

Вой аз шумо таррорҳо,

Дод аз шумо беорҳо.

Кафторҳо, кафторҳо,

Патёра, бадпиндорҳо,

Сагсорҳо, сагсорҳо.

Айёру бадрафторҳо,

Беморҳо, беморҳо,

Ай хуни мардумхорҳо.

Бадкорҳо, бадкорҳо,

Даҷҷолу бадгуфторҳо.

Бадрую бадангорҳо,

Ай сифлаҳо, таррорҳо.

Хунхорҳо, хунхорҳо,

Ай кинаварҳо, морҳо.

Кавдан, залолатёрҳо,

Мурдору лошакхорҳо.

Халқ аз шумо безорҳо,

Ҳайфи шумо беорҳо.

Маккору бадкирдорҳо,

Бар души мардум борҳо.

Хайфи шумо айёрҳо,

Хайфи шумо беорҳо.

Бадфитрату бадкорҳо,

Ғаддорҳо, ғаддорҳо.

Офат, касофатборҳо.

Ҷаррорҳо, ҷаррорҳо.

Ҳайфи шумо беорҳо,

Дод аз шумо беморҳо.

Ҳайфи шумо маккорҳо,

Дод аз шумо таррорҳо.

Сад доду вовайлои мо

Моро чи рӯзи бад расид?

Моро чи деву дад расид?

Ё лаънат аз гунбад расид?

Сад доду вовайлои мо.

Патёраҳо олим шуда,

Бекораҳо ғоним шуда.

Бечораҳо ҳоким шуда,

Сад доду вовайлои мо.

Дидбону миршаб куру кар,

Ин шаҳнаи ҷуъулбакар.

Минбар мақоми дузду ғар,

Сад доду вовайлои мо.

Гумроҳу фосиқ пири мо,

Олам гиребонгири мо.

Баргашта шуд тақдири мо,

Сад доду вовайлои мо.

Доно чаро хору залил?

Бар коми нодон салсабил.

Миллат дилафгору хиҷил,

Сад доду вовайлои мо.

Найрангу раммоли бубин,

Хунрези, қаттоли бубин.

Бадхоҳиву золи бубин.

Сад доду вовайлои мо.

Қозии мо даччол шуд,

Ғозии мо ҳаммол шуд.

Ин умри мо эҳмол шуд,

Сад доду вовайлои мо.

Дуздон ҳама қози шуда,

Шаккокхо ғози шуда.

Шайтон зи мо рози шуда,

Сад доду вовайлои мо.

Шаҳвона шаҳбону шуда,

Бадкора кадбону шуда.

Шаҳзода бар зону шуда,

Сад доду вовайлои мо.

Коҷу махав — зебонигор,

Бадруй — ёри гулъизор.

Хушгил бубин хайрону зор,

Сад доду вовайлои мо.

Ҳайфи ҳаёти кури мо,

Пешонии пуршури мо.

Ғорат шуда ганҷури мо.

Сад доду вовайлои мо.

Бозориҳо шоир шуда,

Ҳангомаҳо доир шуда.

Бас фитнаҳо зоҳир шуда.

Сад доду вовайлои мо.

Сообщение Сӣ соли истиқлол бо як Диктатор                         (бахши шашум) появились сначала на ISLOH.net.

Сӣ соли истиқлол бо як Диктатор (бахши панҷум)
Тоҷикистон дар арзёбӣ ва рейтингҳои байналмилалӣ

Тӯли сӣ соли ҳокимияти Эмомалӣ Раҳмонов дар Тоҷикистон  ин кишвар дар тамоми арзёбиҳо ва рейтингҳои байналмилалӣ дар пойинтарин сатҳ мақом доштааст. Чанд соле ҳам, ки ин кишвар бо дастёбӣ ба сулҳ ва хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва низ доштани танҳо ҳизби динӣ  дар густураи шӯравии пешин  ҳарфи раҳмат мешунид, онро ҳам  ба дасти фано доду дар инҷо низ зери лаъну таън қарор гирифт.

Яке аз арзёбиҳоеро, ки пажӯҳишгарони олмонӣ дар  ду соли пеш анҷом доданд, аз он мегуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар васати 13 диктотуре дар саросари олам қарор дорад,18 сол зиёд қудратро дар қабза  нигоҳ доштаанд. Бинобар арзёбии ин ҳолу ҳаво ва авзоъ дар мамлакатҳое, ки ин  «дарозумртарин президентони ҷаҳон»  раҳбарӣ мекунанд, новобаста аз онки бархе аз онҳо саршор аз манобеи табиӣ ва сарватҳои зиёданд, аммо мардуми фақир ва камбағал зиёд доранд ва дар ин кишварҳо фасод, нақзи қонуну ҳуқуқи башар бамаротиб боло аст. Тоҷикистон дар ин феҳрист якҷо бо Экваториалӣ, Гвинея , Камерун,  Камбоҷаву Уганда ҷой гирифтааст.

На танҳо ин таҳқиқоти олмониҳо,инчунин  созмони “Transparency International” (Шаффофияти Байнулмилал), ки ҳамасола сатҳи фасод дар кишварҳои оламро муайян мекунад, даҳсолаҳост,ки Тоҷикистон дар қатори даҳ кишвари фасодзадатарин дар миёни 180 кишвар ҷой медиҳад. Дар инҷо Тоҷикистон   бо Мозамбику Нигерия, Мадагаскар ва Камерун дар як саф мебошад. Густариши фасод ба ин маъно аст  ки дар ҷиҳати чилавгирӣ аз он кадом коре сурат намегирад, зеро худи давлат-яъне Раҳмонов бар равнақи он манфиатдор аст. Азбаски ҳукумати Раҳмонов тавассути аъзои оила, хешу табор  ва ҳамшаҳриҳояш идора мешавад, касе ҳозир нест, ки як масъули фасодкор-ришвахору порагирро дастгир кунад.

«Густариши фасод дар Тоҷикистон ба ҳадде аст, ки  ба иқлим ва муҳити сармогузорӣ таъсири шадиди манфӣ гузоштааст. То кунун ҳеҷ яке аз ширкатҳои бузург ва умуман тиҷорати ҷиддӣ дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягзуорӣ накардааст.»

Бинобар арзёбии созмони  “Speedtest Global Index”, ки суръати интернети мобил дар 140 кишвари ҷаҳонро пажӯҳиш кардааст, Тоҷикистон дар соли 2019 дар мавқеи 132-юм қарор дошт вале тибқи охирин раддабандии он боз ба ду зинаи дигар пойин омадааст. Давлатҳои ҳамҷивори Қазоқистон дар ин раддабандӣ дар ҷойи 101 ва Қирғизистон дар ҷойи 111 қарор гирифтанд. Ин ҳам дар ҳоле аст ки арзиши истифодаи интернет ва телефони мобилӣ дар муқоиса бо ин ду кишвар аз 5 то 10 баробар гаронтар аст.

«Як таҳқиқоти дигар тасдиқ мекунад, ки Тоҷикистон дар миёни 20 кишвари олам, ки иқтисод рушд накардааст, ҷой гирифтааст. Дар воқеъ ин маълумотро наметавон ҳатто ба чолиш бикашид. Чунки барои мисол бюҷети давлатии Тоҷикистон солҳо аст  ки аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ, маблағи интиқолии муҳоҷирон ва ҷамъоварии андоз ташкил меёбад. Дар ин бюҷет саҳми амволи содиротии Тоҷикистон тақрибан эҳсоснашаванда аст.»

Агар то солҳои пеш алюминий ва пахта,то 15% даромади бюҷети давлатиро ташкил мекарданд баъд аз онки мудирияти ин ду арса ба дасти Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ва бародарзани Эмомалӣ Раҳмонов гузашт, ин ду соҳаи стратегии кишвар банкрот шуд. Ҳамин ҷинояти бузург кофӣ аст,ки Раҳмонов ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад.

Ширкати байналмилалии аудиториву машваратӣ бо номи  «Pricewaterhouse Coopers»  дар гузориши вижае бо унвони Paying Taxes гуфтааст, ки  меъёри умумии андоз дар Тоҷикистон 67,3 % фоизро ташкил медиҳад. Гуфта  мешавад,ки ин омор  нисбат ба нишондоди миёнаи андозҳо дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ, ки муодили 32,8 дарсад аст, қариб ду баробар бештар мебошад.

Ин ба он маъност, ки агар як мағоза,тарабхона ва як корхонаи хурди истеҳсоли 100 сомонӣ истеҳсол кард, наздики 70% онро Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчун андоз меситонад,ки бағоят ваҳшиёна ва бар тибқи қонуни ҷангал роҳандозӣ шудааст. Яке аз иллатҳои асосии ҳар сол муфлис ва аз фаъолият бозмондани корхонаҳо ва соҳибкорон маҳз ҳамин андози камаршикан мебошад.

«Аз онки Раҳмонов арсаҳои иқтисодро шикасту муфлис кард ва аз онки тӯли ин ҳама солҳо корхонаву ташкилоти истеҳсолӣ бунёд намешавад,роҳи  чораро барои пур кардани бюҷет дар баланд кардани андоз ёфтааст. Дар ин раддабандӣ, ки 190 кишварро фаро гирифтааст Тоҷикистон дар шу мори 8 кишвари аз лиҳози андозбандӣ гаронтарин ҷой гирифтааст. Аммо нишондодҳои ин гузориш, сарбории андоз дар Қирғизистонро ба 29 дарсад, Қазоқистон – 29,4%, Узбекистон – 32,1% ва Русия 23–дар сад баробар донистааст, ки дар қиёс бо Тоҷикистон то ду баробар камтар аст. «

Вазъи озодиҳои диниву матбуот, аҳзоби сиёсӣ ва риояти ҳуқуқи башар дар замони раҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов дар Тоҷикистон мояи нигаронии ҷиддии созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои демократӣ гаштааст. Раҳмонов аз ибтидои расидан ба қудрат бо ин масоил бархурди хусуматомез ва хашин дошт.

Ин барои ҳама маълум аст, ки Эмомалӣ Раҳмонов  арӯсак ва марионеткаи дасти Узбакистон ва Русия шуда ва бо ин ваъда, ки тамоми нерӯҳои навгарои тоҷикро саркӯб ва нобуд мекунад, қудратро гирифта буд. Вай бо расидан ба қудрат аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои мардумӣ: Ҳизби демократ, Ҳизби наҳзати исломӣ, созмони «Растохез», «Лаъли Бадахшон»-ро басту мамнӯъ эълон кард. Ҳамин тавр нашрияҳои  мустақил ва озодандеши «Сухан», «Чароғи рӯз», «Адолат» , «Ҳафтганҷ» , «Наҷот» , «Ҷоми ҷам» баста шуда алайҳи кормандони он парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд.  Ҳам ин нашрияҳо ва ҳам хабарнигорони онҳо бо иттиҳомоти “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ”, “барангехтани низоъи байни халқу миллатҳо”, “даъват ба сарнагунии ҳокимият” ва амсоли инҳо муттаҳам хонда шуданд.

Беҳуда намегӯянд,ки неши ақраб на аз раҳи кин аст. Солҳо баъд низ Раҳмонов ба ин амали саркӯбгаронаи худ идома дода нашрияҳои мустақили

“Нерӯи сухан”, “Рӯзи нав”, “Оламу одам”-ро ҳам яке пайи дигаре бо ҳар сабабу баҳона манъ кард. Яке аз нашрияҳои дигар, ки аз дасти чоп афтод “Нигоҳ” буд, ки онро ҳам имкони нашру табъ надоданд. Бо гузаштаи инак шаш сол, ки Зубайдуллоҳи Розиқ, Абдуқаҳҳори Давлат, Ҳикматулло Сайфуллозода се нафар аз сардабирони пешини  нашрияи “Наҷот”-органи чопии Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон  ҳамоно дар зиндон ҳастанд. “Озодагон” аз охирин ҳафтаномаҳои чопи Душанбе низ ба фишор ва мудохилаи мудаввоми ниҳодҳои қудратӣ ва идеоложии Раҳмон тоб наёвард ва саҳнаи матбуотро тарк гуфт.Аз инҷо аст ки «Хабарнигорони  бидуни марз»- як созмони байналмилалӣ   Тоҷикистонро  дар шумори 20 кишвари саркӯбгари  озодии матбуот  қарор дода ва Эмомалӣ Раҳмоновро дар шумори роҳбарони  «душманони матбуот»  дохил кард.Ва, Тоҷикистон  бо онки «бадтарин кишвар» барои фаъолияти хабарнигорӣ  муаррифӣ шуд, ҳамасола дар ин арзёбиҳо мавқеи пойинтарро касб мекунад ва ҳоло дар зинаи 182 қарор дорад. Ин дар ҳоле, ки Тоҷикистон то омадани Раҳмонов дар шохиси озодии баён ва матбуот дар қаламрави шӯравии  пешин дар мақоми аввал қарор дошт.

Яке дигар аз сиёсатҳои иштибоҳӣ ва беш аз ин зиддидемократии Раҳмонов вобаста ба баргузории интихоботҳо дар Тоҷикистон аст.

То ҳамин акнун ҳеҷ яке аз интихоботҳое, ки дар замони Раҳмонов дар Тоҷикистон доир шуд аз тарафи созмонҳои ҷаҳонӣ пазируфта нашудааст. Зеро Раҳмонов ҳамеша бо тақаллуб худро пирӯз эълон кардааст. Дар интихоботи соли 1994 Абдумалик Абдуллоҷонов, рақиби Эмомалӣ Раҳмонов баранда шуда буд,аммо Раҳмонов худро ғолиб эълон кард. Ҳамин тавр , то ба имрӯз бо тақаллуб ва найрангу фиреб қудратро дар дошта истодааст.

Раҳмонов обрӯ ва ҳайсияти давлати Тоҷикистон ва ҳамин тавр мардум ва миллати бо собиқаи тӯлонии таърихӣ ва мутамаддинро  дар баробари дунё дорад мерезонад. Вай вақте аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ пул дарёфт мекунад, бо ҳазору як макру хидъа талош мекунад, ки дар доираи талабу дастураш амал кунад.

«Аммо вақте Созмони Милали Муттаҳид ва гуфт, ки Тоҷикистон ба унвони узви ин созмон ва ба унвони кишваре,ки муоҳада ва конвенсиюнҳои онро имзо ва эътироф кардааст,бояд ба таааҳудоти худ пойбанд бошад ва Муҳаммадалӣ Ҳайит,муовини раиси ҲНИТ, Зайд Сайид, вазири қаблии саноати Тоҷикистон, Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъи тоҷик, Муҳаммадрӯзӣ  Искандаров, раиси собиқи ҲДТ, мунтаҳо зиндониҳои сиёсиро билофосила ва бидуни қайду шарт озод кунад, гӯш фаро надод.»

На танҳо ин маврид, балки даҳҳову садҳо мавориди дигар аст, ки Эмомалӣ Раҳмонов ба унвони як раиси ҷумҳурии диктотур ва тоғут бо мардуми худаш муносибат ва бархурди аҷнабиёна ва  душманона мекунад. Ҳамин ,ки дар тамоми умури дину диёнат ва ҳатто ҳарими хусусии шаҳрвандон мудохила ва таарруз мекунад,бар фарзи мисол манъ кардани ба истилоҳ никоҳи хешу таборӣ, дар ҳоле,ки дини мо никоҳраво ва никоҳнораворо мушаххас кардааст ва баракси ойини мо  бо қонун ба иҷора додани бачадони як зан ба як нафари дигарро иҷоза додааст,бори дигар тасдиқ мекунад,ки вай ҳамин ҳоло ҳам «арӯсак» ва «марионетка»-и хориҷиҳост. Барои Раҳмонов шумори ҳамҷинсгароҳо ҳарчи қадар биафзояд,мушкил ва масъала нест вале вай аз онки ҷавони 18-сола ба масҷид биравад, падару модар фарзанди хурдашро обдасту намоз биёмӯзонад мушкил ва ваҳшат аст.

Ҳамин СММ ва ҳамин хориҷиҳо ба шумули Амрико борҳо аз шароити хафақон ва буғикунандаи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон интиқод карданд. Дар арзёбии ахири худ вазорати хориҷии Амрико Тоҷикистонро дар иртибот ба мурооти умури дин дар шумори кишварҳи «мояи нигаронии хос» ба қалам дода ва гуфта буд, ки Раҳмонов бо баҳонаи мубориза бо тундгароӣ рақибони сиёсии худро таҳти таъқиб қарор додааст.

Поёни бахши панҷуми “Сӣ соли истиқлол бо як Диктатор” бахши шашум ва фарҷоми ин силсила мақолот охирини ин силсила мақолот мебошад. Бо “Ислоҳ” бошед!

Сообщение Сӣ соли истиқлол бо як Диктатор              (бахши панҷум) появились сначала на ISLOH.net.

Сӣ соли истиқлол бо як Диктатор (бахши севвум)
Ғасбҳои рейдерӣ ва  ташкили «империя»-и  молиявии Э.Раҳмонов дар Тоҷикистон

Ин шабурӯзҳо тамоми шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон роҷеъ ба сӣ солагии Истиқлоли кишвар силсилаи филмҳо дар бораи Эмомалӣ Раҳмоновро ба намоиш гузошта ва айни солҳои пешин  ӯро ба ҳайси як нафаре,ки Тоҷикистонро аз сифр сохт, корҳоеро, ки шӯравӣ анҷом надода буд, ӯ иҷро кард, сулҳу салоҳ овард, амният таъмин кард, кишварро гул-гул шукуфонд ва мунтаҳо ба биҳишти рӯи замин табдил дод ба осмони ҳафтум мебароранд. Вале ин мову шумо ва мардуми азизи кишвар, миллионҳое, ки феълан дар мардикорӣ дар Русияву Қазоқистону дигар кишварҳо заҳри ғурбату муҳоҷират мехуранд ва  ба маҳзи пули онҳост, ки таркишу инфиҷорҳои иҷтимоӣ ба вуқӯъ намепайвандад ,ба вузӯҳ медонем, ки ин ҳама тавсифу ситоишҳо дурӯғанд. Раҳмонов тӯли ин сӣ сол аст ки кишвар ва мардумро ғанимати ҷангӣ  гирифта ва тамоми мардум, ба ҷуз аз оила, авлод ва ҳаммаҳалҳояшро ба барда ва гадо табдил додааст. Вай бо ин мардум ба навъе муомила ва муносибат мекунад,ки онҳо рама ва галаанду ӯ чӯпон ва ҳар вақте бихоҳад якеро сар мезанад…..

Раҳмонов тамоми дороӣ ва моликияти асосии ин мамлакат ва ин мардумро барои худ ва аъзои хонавода ва авлоду хешу таборонаш тақсим карда ва як ҳокимият ва султаи хонаводагиро ташкил дод. Дар ин ришта барномаҳо мо воқеияти ин сӣ сол давлатдории як нафар раиси совхози даврони шӯравиро, ки тӯли ин муддат ба як Диктатори тамом айёр табдил шуд, бароятон бозгӯ мекунем.

«Дар авоили соли 2000 ҳукумати  Эмомалӣ Раҳмонов барномаи хусусисозии  моликияти давлатиро  ба роҳ андохт. Дуруст аст ки дар солҳои 90 ҳам хусусисозӣ вобаста ба тағйири низоми иқтисодӣ шурӯъ шуда буд. Аммо ғайридавлатӣ гардонидани корхонаву ташкилоти хурду миёна ва сипас калони давлатӣ  дар солҳои 2000 ба марҳалаи иҷро даромад.»

Эмомалӣ Раҳмонов дар ин давра метавон гуфт, ки аввалин миллионҳои худро дар дохили кишвар «кор» кард. Агар то ин дам вай аз ҳисоби маблағҳои грантӣ ва кумакҳои давлатҳо ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба сирқат бурда буд, аммо акнун фурӯши корхонаву фабрикаву муассисаву заводу…хулоса , ҳама чизи аз шӯравӣ мондаро шурӯъ кард. Бузургтарин ғасбҳои рейдерии ӯ аз ҳамон солҳо сар шуда ва то ба имрӯз идома дорад. Охирин аз чунин ғасбҳои рейдерӣ ва тасарруфи ошкоро бозори бузурги «Панҷшанбе» -и Хуҷанд буд, ки онро боз ҳам “Ҳасан Асадуллозода” гирифт. Барои он дохили нохунак гирифтем ин номро,зеро Раҳмонов ҳама ончи тасарруф мекунад ва тули ин солҳо тасарруф кард ба номҳои наздикони худ ва ширкатҳои онҳо сабти ном кардааст. Аммо ҳамаи онҳо аз худи ӯст.

Ин бозорро як тоҷири хуҷандӣ  20 соли пеш дар доираи ҳамин барномаҳои хусусигардонӣ харида ва ҳудуди 100 миллион сомонӣ  барои тармиму таъмир ва хуштарҳу замонавӣ кардани он масраф кард. Вале дар соли 2019-2020 Тоҷикматлубот-идораи давлатӣ асноди хусусисозии онро ба суд дода тавонист қарордоди харидифурӯшро лағв кунад. Ба ин маъно, ки дар вақташ ғайриқонунӣ хусусӣ гардонида шудааст. Аммо дар соли 2021 маълум шуд, ки Тоҷикматлубот онро ба “Ҳасан Асадуллозода” ва бо як нархи ночиз фурухтааст. Инро инҷо зикр намоям,ки вазъияти Ҳасан Асадуллозода хело бад аст ӯро бо дуздии 40 миллион аз даромадҳои оила дастгир намудаанд. Феълан ради маърака аст. Ориёнбонкро духтари Раҳмонов Заррина Раҳмонова идора мекунад. Ҳасан корашро анҷом дода ва дигар нолозим шудааст.

«Ҳоло,ки аз Ҳасан Асадуллозода, бародари Азизамо,зани Эмомалӣ Раҳмонов гуфтем,зикри ин нуктаро зарур мешуморем, ки ғасбу истило ва ишғоли зӯрибазӯрии  моликият  ва дороиҳои   давлатӣ ва шахсони алоҳида дар Тоҷикистонро маҳз ӯ оғоз кардааст. Чун дар он солҳо фарзандони худи Раҳмонов хурд буданд.»

Ҳасан Асадуллозода аввалин узви хонаводаи Раҳмонов аст ки яку якбора соҳиби пулу сарвати ҳангуфт шуд.

То вориди саҳна ва ҷойи по пайдо кардани Рустами Эмомалӣ ва Озодаи Раҳмон, наздиктарин нафари Эмомалӣ Раҳмонов ба ҳисоб мерафт. Раҳмонов ӯро дар Биржаи молу ашё (пахта) раис таъин кард. Баъди як ё ду сол ширкати ҳолдингии «Исмоили Сомонӣ-Асри -21» нахустин ширкати бузурги тиҷоративу истеҳсолӣ таъсис дод, ки арсаи кишоварзӣ дар ҷануби кишвар, пахтаро таҳти контрол даровард. Ҳасан , ки дар Биржаи фурӯши пахта даромадҳои «кип»-и пахта ва ба «Ҷип» табдил шудани онҳоро ба чашми сар дид, корро ба таври  дигар роҳ андохт. Аксарияти заводҳои пахтатозакунии навоҳии вилояти Хатлонро бо нархҳои ночиз ва хелеҳояшро тақрибан бепул ғасб кард. Кишоварзон, ба таври автоматӣ коргарони вай шуданд, чун харидори асосӣ заводҳои пахтаанд. Ҳамин тавр пахтаи вилояти Хатлон бо даҳҳо, садҳо ҳазор тонна дар дасти Ҳасан даромад ва метавон гуфт як ронандаи автобус ва заправкачии нодори то президентии язнааш, дар як турфатулъайн миллионер шуд.

Дар соли 2002 Ҳасан Асадуллозода  бо пуштибонии Эмомалӣ Раҳмонов «Ориёнбонк»-  ро бо   зӯрӣ аз  Ғаффор Идиев  кашида гирифт. Ғаффор Идиевро барои онки муқовимат кард 2 сол шинониданд ва баъд аз онки тамоми саҳоми бонк ба номи Ҳасан ва одамони вай номнавис шуд, ӯро раҳо намуданд. Вай дар шимоли кишвар низ корхонаҳои нисбатан фаъолро аз соҳибонаш кашида гирифт. Барои мисол коргоҳи тавлиди орди он замон машҳури Қайроққум, чандин адад нуқтаҳои фурӯши маводди сухт, заводи маводҳои тарканда ва заводи спирти Исфараи Низомхон Ҷураев ва даҳҳо адад корхонаҳои дигарро бо истифода аз фишангу фишори ҳукумат ва язнааш “пешво” кашида гирифт.

«Аммо бузургтарин ғасб ва тасарруфи рейдерии Ҳасан ва Эмомалӣ Раҳмонов корхонаи тавлиди алюминий-Талко аст. Ин корхонаро бидуни пардохти як тин тасоҳуб карданд ва ҳоло низ давлатӣ ба ҳисоб меравад. Аммо корхонае, ки то соли 2005 400.000 тонна тавлидот дошт, ҳоло то 40.000 тонна пойин рафт.»

Хулоса, Ҳасан ва Раҳмонов ин корхонаро комилан банкрот карданд ва аз 13.000 коргар ҳоло 1000 нафар ҳам инҷо кор намекунад. Ҳасан ва Раҳмонов миллиардҳо пули даромади ин корхона ва пахтаи мамлкатро то чанд сол ба ҷайби худ заданд вале ҳоло ин ду маҳсулоти даҳсолаҳо стратегии кишварро муфлис кардаанд.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомонэйр» ширкати давлатии «Тоҷикэйр»-ро аз бозӣ ва бозор берун кард. Ҳавопаймоҳои «Боинг»-и ин ширкат бо пули саҳмияҳои аз мардум ва корхонаҳо дар соли 2010 барои Роғун ба иҷбор гирифташуда  харидашудааст.

» Эмомалӣ Раҳмонов бузургтарин тарҳи иқтисодии давлат -нерӯгоҳи «Роғун»-ро ҳам ба Ҳасан Асадуллозода додааст ва ғорате, ки аз пулҳои ҷудошуда ба ин нерӯгоҳ сурат мегирад, ҳисобу китоб надорад. Миллионҳо –миллионҳо доллар!!»

Вале танҳо Ҳасан Асадуллозода нест, ки таҳти ҳимоят, сарпарастӣ ва ҳидоятҳои судманд ба манфиъати оилаи Эмомалӣ Раҳмонов, дузд ва яғмогари  асосӣ ва №1-и Тоҷикистон молу мулки давлат ва халқро тасарруф карда ва бою сарватманд шуда бошанд.

Ҳамин ҳоло 6 домоди Эмомалӣ Раҳмонов ва духтарону писаронаш  аз Зоир Соҳибов сар карда то Рамз Сабуров он қадар сарвату пул доранд, ки шояд даҳ сола бюҷети Тоҷикистон баробари он набошад.

«Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ ва шавҳари Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроия Президенти Тоҷикистон дар соли 2010 роҳи Душанбе-Хуҷандро, ки бо 300миллион доллар қарзи Хитой сохта шуд, пулакӣ кард.  Аз ҳисоби ин роҳ (IRS -nnovative Road Solutions)-бонкеро бо номи «Спитамен» ташкил дод. Ин бонк ҳоло дар тамоми навоҳии кишвар филиалҳои худро фаъол кардааст.»

“Спитамен Суғурта” -и яке дигар аз ширкатҳои Ҷамолиддин Нуралиев мошинҳои мардумро суғуртаи ҳатмӣ мекунад ва идораи Тоҷиксуғурта-муассисаи давлатӣ, аз як бахши асосии даромади худ маҳрум шуд.

Тайи се-чаҳор соли ахир  низоми бонкии кишварро Раҳмонов ва домодҳояш  таҳти назорати худ дароварданд.

«Ориёнбонк», «Спитаменбонк», «Коммерсбонк», «Бонки Осиё»(собиқ «Конт-бонк»-и Бобаки Занҷонӣ) «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», «Тавҳид-бонк», (собиқ-«Соҳибкорбонк») «Душанбе-сити»,  «Имон-интернешинал», «Эсхата-бонк» бонкҳоеанд, ки мутааллиқ ба Ҳасан Асадуллозода, Ҷамолиддин Нуралиев, Шамсулло Соҳибов, Ашраф Гулов, Рустами Эмомалӣ ва дигар аъзои оилаи онҳоанд. Масалан Муҳиддини писари Ҳасан Асадуллозода, Зарина Раҳмони духтари худи Эмомалӣ Раҳмонов ва низ дигар аз аъзои ин оила, ки дар бархе аз инбонкҳо, масалан «Эсхата» ва «Имон-интернешинал» саҳмияҳои асосиро дар даст доранд. Ва, ба хотири инки ин бонкҳо бозори молиявии кишварро соҳиб бишаванд,  Ҷамолиддин Нуралиев,муовини аввали Бонки миллӣ чаҳор бонк: «Соҳибкорбонк»,»Тоҷпромбонк» ва бахусус ду бонки муваффақ ва сермуштарии «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк»-ро  аз байн бурданд.

Аммо тиҷоратҳои ҳангуфти домодҳои Раҳмонов бо инҳо ба охир намерасад.

Зоир Соҳибов то соли 2012  раиси Оҷонсии амволи махсус ва харидҳои давлатӣ дар Ҳукумати Тоҷикистон буд. Ҳоло дар ин мақом Зайнулло Соҳибов  бародари Зоир таъин шудааст.

Зоир, шавҳари Фируза, духтари калонии Раҳмонов аст, ки аксарияти осоишгоҳҳои кишварро бо як пули ночиз хусусӣ кардааст: «Хоҷа оби Гарм», «Шоҳамбарӣ», «Зумрат» моли хусусии Зоир астанд. Амборҳои осоишгоҳи «Зумрат» ҳамчун «хранилишии» маводди мухаддири Зоир истифода мешавад, ки тавассути марзи Қирғизистон ба Русия ва Аврупо бароварда мешавад. Зоир воридоти молу маҳсулот аз Хитойро зери контрол дорад ва ба маҳзи ҳамин тиҷорати миллиардҳо долларии марзи Хитой аст, ки Тоҷикистон узвият дар Евразесро напазируфта истодааст. Бузургтарин бозори вилояти Хатлон низ ба ин оила мутааллиқ аст: бозори “Ҳоҷӣ Шариф”. Дар мавриди тиҷоратҳои дигари Зоир дар Покистон ва як портеро дар Карочии Покистон идора мекунад. Инчунин дар мавриди мақомоти қудратии кишвар Прокурори генералии кишвар Юсуф Раҳмон нафари ӯст ва бо ҳимояти Зоир дар ин мақом барои давраи дуввум курсиро ҳифз намудааст.

Зарифбек Давлатов,шавҳари Таҳмина Раҳмонова (клеопатра) бозорҳои асосии Душанберо аз соҳибонаш базӯрӣ кашида гирифт. Зарифбек шавҳари дуюми Таҳмина аст.

«Бозорҳои «Балх», «Фаровон», «Садбарг», Сафарсентр» ва «Аҷинабозор»  ҳамагӣ аз они Зарифбек аст. Ширкати Агентии алоқаи ҳавоии Тоҷикистон, ки билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон ро мефурӯшад ҳамасола беш аз  50 миллион доллар даромад дорад. Зарифбек, ширкати бузурги тавлиди конфету шоколад ва печенеи «Амирӣ»-ро, ки аз соҳибкори дигар буд, тасарруф кард. Бо як қарори махсус  ширкати «Амирӣ» ба муддати даҳ сол  аз пардохти анвои андоз ва боҷу пардохтҳои гумрукӣ озод шуд. Дар бораи сети фурӯшгоҳҳои  «Шоколатнитса» ва мағозаи «Ситора» дар маркази Душанбе, ки бо пули бюҷет сохта ва ба Таҳмина тақдим шуд, чизе намегӯем.»

Исми домоди дигари презиент Шамсулло Соҳибов, ки ӯ ҳам бародарзодаи Зоир Соҳибов аст. Шамсуло соҳиби “Фароз” ва “Тоҷирон” – ду ширкати пешгом дар бозори фурӯши маводи сӯхт — ва “Автосантал”, як ширкати раддаи аввал дар бозори мактабҳои ронандагии Тоҷикистон мебошад. Феълан дигар «Тоҷирон» амал намекунад ва «Фароз» ҳам гӯиё аз бозори маводди сӯхт рафт, чун аз Қирғизистон ва таври қочоқӣ ворид мекард, дигар натавонист.

Дар асл раҳбари Гурӯҳи 24 Умаралӣ Қуввватов молики асосии «Фароз» ва «Тоҷирон» буд, ки Шамсулло ӯро дар Туркия тавассути қотилони зархарид кушт.  Шамсулло Соҳибов, шавҳари Рухшона Раҳмонова, духтари саввуми Эмомалӣ Раҳмонов аст ки дар МИД-муовини сардори Раёсат мебошад. Чанде қабл «Ислоҳ.» дар бораи  кони оҳани “Шоҳқадамбулоқ” воеъ дар шимоли кишвар навишта буд,ки Раҳмонов онро махфиёна ҳуҷҷат карда ба Шамсулло вогузор кардааст. Гуфта мешавад захираи ин кон бештар аз 10.миллиард доллар даромад меоварад. Шамсулло имсол аз ҳисоби чопи «Тоҷикон» 7 миллион доллар даромади соф дошта аст. Ин китоб бо пули бюҷет ва дар чопхонаи Шамсулло чоп шу д ва Шамсуло арзиши онро даҳ баробар қиматгузорӣ кард. Шираи камол дар Тоҷикистон бо як дастури Раҳмонов ба инҳисори Шамсулло дароварда шудааст, ки солона 40 миллион доллар даромад доштааст. Барои Шамсулло дар тамоми навоҳии назди марзӣ то 10 гектар замин бо қарори махсуси Раҳмонов ҷудо карда шуд, ки дар он терминали гумрукӣ бунёд кунад. Шамсулло дар фурӯши литсензияи коркарди конҳои Тоҷикистон барои хориҷиҳо миёнаравӣ мекунад. Барои мисол ба яке аз ширкатҳо бар ивази наздики се миллион доллар ҳамин гуна литсензия гирифта додааст. Он замон расонаҳо навишта буданд,ки

“Як таҳқиқоти ташкилоти  байналмилалии  ҷиноят ва фасод (OCCRP) ошкор  карда буд, ки Шамсулло Соҳибов аз як ширкати хориҷӣ 2.8 миллион доллар ришва гирифта муҷаввизи коркарди кони тиллои Покруд дар Ваҳдатро барояшон гирифта дода буд.”

Он замон расонаҳо навишта буданд, ки  ширкати хориҷие, ки коргоҳро сохтааст – ширкати дар Англия қайдшуда бо моликони чинӣ – ба ширкати домоди президент Шамсулло Соҳибов “ҳаққи барор” пардохта буд. Ин пулро ширкати “Анбат-Сервис”, ки ба ширкати “Фароз” тааллуқ дорад, барои мусоидат ба гирифтани иҷозаномаи истихроҷи кони Покрут аз ширкати “Крайсо Ресурсес” ба даст овардааст. Бозори “Меҳргон”, “Вефа-сентр”-и Душанбе ва пойгоҳи лижа ва дамгирии “Сафеддара” дар Варзоб ҳам моли Шамсулло аст. 100% саҳмияҳои “Коммерсбонки Тоҷикистон”ба ширкати “Фароз” таалуқ дорад ва сармояи он 100 миллион доллар нишон дода шудааст. Инро низ бояд зикр намоем,ки Рухшона Раҳмонова ҳама ин тиҷоратҳои ба номи Шамсулло Соҳибови шавҳарашро назорат ва идораи ин ҳама тавассути ӯ сурат мегирад. Рухшона мушовирони хориҷӣ дар чандин самт ҳам дошта аст. Ҳамеша аз расонаӣ шудани худаш дар ҳарос будааст ва корҳои пинҳонӣ ва зери бурёиро бештар тарҷеҳ медодааст.

Ашраф Гулов, шавҳари  Парвина Раҳмонова аст. Дар муддати чанд соли консули Тоҷикистон дар Русия буданаш тамоми аснодеро, ки қаблан сафорат медод ба ихтиёри худ гирифт ва даҳҳо миллион доллари муҳоҷиронро аз худ карда ба ватан бо маблағи ҳангуфт баргашт. Ашраф ва хонумаш  дорухонаҳо ва бахши фарматсевтикаи Тоҷикисонро таҳти назорат доранд. Соли гузашта дар Хуҷанд як корхонаи истеҳсолиеро бо номи «Сифат-пласт»  Эмомалӣ Раҳмонов ба истифода дод, ки аз они Ашраф ва Парвина мебошад. Парвина Раҳмонова дар вазорати тандурустӣ сардори Раёсат аст. Ашраф Гулов чанд рӯзи пеш сафири Тоҷикистон дар Туркия таъин шуд. Вай писари Шералӣ Гул, собиқ вазири саноат ва энергетика мебошад.

«Ашраф Гулов, соҳиби “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” аст. Ин бонкро бародари Ашраф Ҷамшед роҳбарӣ мекунад. Ин корхона лӯлаҳои хатти обгузар тавлид мекунад. Парда аз рӯи лавҳаи он бардошт Ҳоло дигар қайчӣ ва лентабурӣ нест. Солона 30 000 метр тавлидот доштааст, ки лӯлаҳои он ҳам барои оби сард ва ҳам барои оби гарм пешбинӣ шудааст. Ашраф Гулов як замон раҳбарии бахши аудити дохилии Кумитаи андоз ва сипас Раёсати кадрҳо дар вазорати хориҷаро бар уҳда дошт. Анвои ғизоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистонро ҳам ширкати мутааллиқ ба Ашраф таъмин мекунад, ки дар бораи сифати онҳо ҳарфи хуше гуфта наметавонем.»

Рамз Зуҳуров, писари Бег Сабурович Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст. Рамзи  боксёр шавҳари Зарина Раҳмон мебошад. Зарина Раҳмон, духтари 6умиЭмомалӣ Раҳмонов  ва ҳоло муовини аввали раиси «Ориёнбонк» аст. Тибқи баъзе аз маълумотҳо феълан Зарина амалан раиси ин бонк аст ва Ҳасан Асадуллозодаи тағояш ба ном раис мебошад,ки ҷузъиёташро дар боло зикр намудем.

Зарина низ мисли хоҳарони калониаш «дӯстон»-и зиёд дорад ва Рамз як вақт хостааст, ки аз вай ҷудо шавад. Рамз аз алоқаҳои маҳрамонаи Зарина бо яке аз ҳамсинфонаш бохабар шуда ва боре  ҳатто ӯро дастгир кардааст. Вақте доири ин масъала дар хонаи Раҳмонов моҷаро бархост як матлаби муфассал зидди Бег Сабур дар яке аз нашрияҳо чоп шуд. Он матлаб аз кадом ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ буд. Раҳмонов Бег Сабурро он қадар «ҷуқид», ки кам монда буд паси панҷара равад ва тамоман ҷазир шавад. Ширкати хонасозии Бег Сабур бо номи «Комил-2010» -ро бастанд. Кораш ба прокуратура ғалтид. Аммо Рамз аз «раъй»-аш гашту боз Заринаро зан кард ва Раҳмонов ҳам фармони «волна» содир кард.

Соҳаи алоқа ва ширкатҳои интернетиву мобилии Тоҷикистон дар зер назорати Рамз аст. Тиҷорати симкортҳо дар Тоҷикистонро  Рамз дар ихтиёр дорад. Кони Назарайлоқи Қаротегин низ ба онҳо супорида шудааст. Гуфта мешавад Раҳмонов ба Зарина, вақтҳое бо бачаи Муродалӣ Алимардон мегашт як яхта туҳфа карда буд, ки ҳоло онро Рамз истифода мекардааст.

Чанд соли пеш ба Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дастур дод, ки бе иҷозаи ин ниҳод ҳеч кас ва ё идорае ҳақ надорад ба касе аз тариқи Wi-Fi интернет бидиҳад.

Баъд аз ин дар Душанбе дастгоҳҳои тақсимкунандаи интернете пайдо шуданд, ки ба ширкати “Ошно групп” тааллуқ доранд ва хадамоти онҳо пулакӣ аст. Дар Кумитаи андози Тоҷикистон номи муассиси ҶДММ “Ошно групп” Сиёвуш Зуҳуров, писари Бег Сабур (Зуҳуров), раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, бародари  Рамз  зикр шудааст. Инро низ бояд зикр намоем,ки тибқи маълумоти охир аз хонаводаи Раҳмонов. Пас аз ҷашни 30 солагии Истиқлолият ҳама хадамоти алоқа ба Сомони писари Раҳмонов вогузор карда мешудааст. Бароямон муяссар нагашт,ки фаҳмем худи раёсати хадамоти алоқаро дар назар доранд ва ё он ҳама даромадҳое аз ин ниҳод ворид мешударо аз Заррина гирифта ба Сомон дода мешавад. Муҳим ин суҳбатҳо аз ин хонадон ба “Ислоҳ” расидааст. Мунтазири таҳаққуқи ин масала хоҳем шуд.

Хонанда ва бинандаи «Ислоҳ». Ончи инҷо зикр шуд қатрае аз баҳр аст. Раҳмонов ва оилаи вай тӯли ин солҳо корҳои зишту бади зиёдеро анҷом додаанд. Онҳо ба хотири молу сарвати бегонаҳоро соҳиб шудан тиҷораташонро гирифтан чандин нафарро куштанд ва ба зиндон андохтанд. Маъруф Орифов, Зайд Сайидов, Раҷабалӣ Одинаев-Умед-88, Низомхон Ҷӯраев, Муродалӣ Алимардон ,Тоҷиддин Пирзода  ва даҳҳо нафари дигар, ки тиҷорату корхонаҳои бо хуни дил бино кардаашонро Раҳмонов ва домодҳову духтарҳояш ғасб карданд.

Ин аст сиёсати Эмомалӣ Раҳмонов дар тули ин сӣ соли истиқлолият, сиёсати ғасбу ғорат ва дуздии моли мардум ва давлат…

Поёни бахши севвум, бо “Ислоҳ” бошед,то дигар паҳлуҳои “Си соли истиқлол бо як диктатор” ро хубтар таҳлил кунему шумо аз он хубтар огоҳтар гардед.

Сообщение Сӣ соли истиқлол бо як Диктатор    (бахши севвум)                      появились сначала на ISLOH.net.