Архивы СММ - ISLOH.net

Чаро Раҳмонов дар доираи қонун намегунҷад
«Озодию манфиати ҳар як шахс то ҷое рафта мерасад, ки онҷо озодию манофеъи ҷамъият оғоз мегардад». Мустафо Маҳмуд

Вале ин пирати пири харзӯри мо дигар манфиату «озодӣ»-ю ҳуқуқаш то ҷое дакка хӯрда, ки бо ҳуқуқу озодии башар як сӯ, ки бо қонунҳои худовандию адён ҳам сарбасар задан дорад.

Ин ҳаюло кунун фароқонун қарор дорад – худашу бастагонаш!

Касе ҳақ надорад ӯро барои «аъмоли ҷиноятии содиркардааш, чи дар аҳди Раиси Шӯрои Олӣ будан, чи замони Президентӣ ва чи, ҳамакнун, давраи «Пешвоии муъаззам»-аш ба ҷавобгарӣ кашад!!

Мебинед, ин статус, ин фароқонунӣ, фаромасъулиятшиносӣ ва фароақлониятро?!

Касе, ки назди қонун масъул набошад, чӣ гуна қасам ба Сарқонун бихӯрад, ки банд -банди онро зомин шуда, кафолат медиҳат, то поймол нашавад?!

Эй вакилони бесавод, бо куҷоҳотон фикр карда, ин «Моддаи Пешво»-ро барои касе, ки «кафил»-у «ҳомӣ»-и ин Сарқонуну ҳуқуқи шаҳрвандонаш аст, бароварда, ӯро аз «масъул будан дар назди қонун»-у «ҳомии ҳуқуқи дигарон будан» озод кардаед?!

Ҷинояткорони аосисии ин диёр, хоинони ин миллат ҳамоно ҳамин вакилони беэмонанд, ки нишонаи беэмонияшон ҳамин қонунҳошон ҳаст, ки зиддиконститутсионистанд ин «қонунбарориву ҳуқуқдиҳӣ» ба пешвои худхондаву авлоди қонунтаҷовузгараш!

Қонунро инҷо якҷоя таҷовуз кардаанд -, вакилону оилаи пешво, ва аммо дигар «нозирони ҳуқуқ»-е чун ГЕНПРОКУРАТУРАВУ ПУЛИСУ СУДУ СУДИ ОЛӢ дидаву дониста мӯҳри сукути беамалӣ бар лаб задаву тамошо доранд, балки ин ҳама беқонуниро «қонунан» тарвиҷ додан доранд! – «Ҳазору яксӯ делоҳои ашхоси пул…. Вайдора тоб дода»,  сарват меғундоранд ; аз роҳи таҷовузи қонуну поймолкунии ҳуқуқи шаҳрвандон, ки қасами ҳифозати қонуну ҳуқуқро ҳаряке хӯрдаанд – касофаткорҳои ҳониси қасамзадаи бешараф!

Аз кадомин «Рӯзи ҳуқуқи Инсон» сухан гӯем, ки як инсон дар ин кившар ҳама чиро ба худ ихтисос додаву аз дигарон салб карда аст?

Оре, вақте сармояҳоро як кас ғасб кард, гадо зиёд мешавад. Вақте як шахс гулдухтаронро таҷовуз кард, бевазанҳои хоки роҳ зиёд мешаванд. Вале вақте як кас он қадар ба худ «ҲУҚУҚҲОИ ФАЛАКӢ» ихтисос дод, ки назирашро танҳо Худо дорад, ки мегӯяд:

لا يسأل عما يفعل وهم يسألون!

— Танҳо Офридгор ин «статус»-ро дорад, ки барои кирдгораш касе азаш ҳаққи суол надорад, вале башар пурсида хоҳанд шуд, фоҷеаи монанди фоҷиаи қавми тоҷики кунунӣ рух медиҳад, ки ин миллати замоне соҳибҳуқуқу озодро ба вартаи нобудӣ наздику наздиктар месозад!

Вале Раҳмонов бо ин «Фароқонунӣ»-яш магар даъвии Худоӣ дорад?!

Қонуни Пешво ҳамин даъворо пеш гузошта, ки ҳар яки шумо пурсида мешавед, магар Пешво!

Ё ба гуфти Оруэлл дар асараш – «Ҳайвонкада», «Ҳама назди қонун баробаранд, ба ҷуз баъзеҳо, ки «баробартар»-анд!

Вале ин ҳаромии Чақур аз «баробартар» ҳам гузашту рафт.

Вақте як инсон то ин ҳадди малакутӣ «соҳибҳуқуқ» мешуда аст, натиҷааш ин мешуда, ки миллате заҷри беҳуқуқию поймолшавии саросарии ҳуқуқу озодиро умре мекашидаанд!

Имрӯз…

На ҳуқуқи башарро Эмомалӣ тоқати шунидану таҳммул дораду на ӯро қонунгузории имрӯзаи мо тавони аз ин бештар бардоштро дорад. Ин ҳарду –  диктатору қонунмеҳварӣ душмани ҳамдигаранд – яке дар беқонунӣ ин ҳама ҷавлон дораду дигаре то рӯзе якумӣ сари қудрат аст, хору помол аст.

Ҳамин зиддияти Раҳмонов бо ҳуқуқу қонун ва бечорашавии Сарқонунро назди ин деви қонунтаҷовузгар, дар рӯзи «Ҳуқуқи Инсон» баротон мехоҳам як каме шарҳу баст диҳам.

Тамоми улум ба худ принсипҳои асосии масъалагузориро дорад, ки тибқи он меъёрҳо ба суолҳои «чаро?» , «чаро на?» , ҷавоб медиҳад.

Ва дар олам илме нест, ки ҳатман ба ин суоли мо ҷавоб гардонад: «Чаро Раҳмонов дар доираи қонун амал намекунад?».

Гирам, ки  ба ин суол илми сиёсат, ҷомеашиносӣ, торих, фалсафа, ҳуқуқ ва ҳатто психология, ҷузъан, ҷавоб додан метавонанд, вале инки Эмомалӣ Раҳмонов як падидаи навзуҳур дар уфуқи олами сиёсату иқтисоду фарҳангу ҳунару санъату истеҳсолоту ҷомеашинохтии навини Тоҷикистон аст, каманд донишпажӯҳони ин соҳаҳо, ки пайи решаковии ин уъҷубаи олами сиёсати мо бошанд, то кистии ин ҳаюлоро баромон бармало созанд! Ё ҳастанду тарсону ларзон мӯҳри сукути «илмӣ» бар лаб задаанд! Масъулияти илмии хешро ба дӯш намебардоранд, ё он «дурро ба пои хуки ҳуқуқтаҷовузгаре чанд арзон фурӯхтаанд».

Бигӯянд, ки ин шахсияти бехашсияти худхонда, ин пешвои фаротар аз қонун, ин ғӯли биёбоние, ки ҳамакнун хиёбонӣ гаштаву бо худ лашкаре аз деву дадро ҷамъу гирд оварда аст, чист/кист/чарост/чӣ гуна аст/ва барои чӣ ингуна аст?

Ислоҳпазир аст ё мо бояд худро тибқи хостаҳои ин ғӯли аз оғулу полези колхозҳо омада мутобиқ созем? Ё сарнагунаш кунем то номусу қонуну ҳуқуқро аз асораташ раҳо кунем?!

Ё мо бояд дар ҷангале аз ҳайвоноти биёбонии хиёбонигашта «ҳайвон»-и навбатӣ бошем? Даррандае дар зумраи даррандасифатон боқӣ бимонем?!

Ё ин галлагургонро билохара маҳор кунем?

Охир, дар ин диёр  на ҳама ҳайвонанд, ҳоло ҳам ақшоре аз ин ҷомеа дилашон барои як оромиш, як волоияти қонун, як адолати иҷтимоӣ, як зиндагии босаодат, ки дар он табъизи маҳалӣ набошад, барои як ишқе, ки дар он ченакҳои «мақому мансаб» меъёр набошад, барои як рафтану омадан ба хориҷ, ки чи дар рафтану чи ҳангоми баргашт дар он декларатсияву телефонковию суолу ҷавоб набошад, ки кистию куҷо будию чаро онҷо будию бо кӣ будию дигар ҳамоқатҳои бурун аз доираи марзи қонунмеҳварӣ, ки имрӯз аз ҷониби ин ҳамоқатмақомдорон решаӣ  шуда аст, гум мезананду рӯҳашон барои як интихоботи қонунӣ, як президентӣ мардумӣ, як порлумонӣ миллӣ,  пар-пар мезанад.

Имрӯз ҳоли мо шуда мисли афсонабоварҳои арабҳои аҳди ҷоҳилият, ки ба «сегонаи номумкин» боварманд набудаанду мегуфтаанд:

ثلاثة أشياء ليس لها وجود: الغول والعنقاء والخل الوفي

На се чиз вуҷуд дорада на буду на ҳаст;

Яке ғӯлу дигар анқо — (ҳумову) сеюмаш дӯсти вафодор!

Оре, вақте ки як миллат дурудароз ба падидае, ба мавҷуде, ба ҳақиқате, ба қонуне, ба демократияи ростине, ба барқе, ба зиндагии шоистае, ба сарбуландии мӯҳтарамонае, ба сарфарозие, ба адлу доде, ба ҳукумати мардумие, ба интихоботе, ба чеҳраҳои ивазшавандаи мондагору маҳбубе (на чеҳраи палиди дилбазани Раҳмонови абадии хираи чашмхилминӣ), ба сарватмандие, ба ояндаи дурахшону имрӯзи рахшоне, ба озодие, ки девҳои биёбонӣ онро балъидаанд, ба эҳтироми гумгаштае, ки поймоли гургони ҷангалие гашта аст, ба некномиву нумуву рушду комёбие, даст намеёбанд, на танҳо, чун тозиён ба «сегонаи номумкин» балки, ба «ҳазоргонаи дурӯғин» ҳам боварманд мешаванд, ки аслан, то рӯзе ин деву дадони ҳайвонсифате, ки ҷуз арбадаву муштзӯриву таъаддиву ҷаҳолатпароканию душмантарошию кинаи маҳалгароию маҳалбозию хешутаборбозию оилагароию хусусисозии ҳамаи сарватҳои умумимиллию ба ҳошияронданҳои дигар тоҷикон дастбакоранд, ин падидаҳо, ин зуҳурот, ин орзуву омолҳое чун рафоҳияту саодату рострӯии пешвоёну демократияву хидмат ба халқ, саробе, анқое, ғӯле, дӯсти рӯсиёҳе, душмани манфуре беш набудаанду нестанд!

Ҳақиқат нест, зулм бедод дорад! Аз ин рӯ ин золим бояд барандохта шавад, бошад, ки ин ҳама ситаму бедодгарияш дар ин маҳдуда ба фарҷом расад! Чун ин нимаваҳшиҳои бо мили силоҳомада, ҷуз тухмаи зулму ситаму бедодгариву тороҷу азияту озор, баромон дигар армуғоне бо худ наовардаанд!!! Ва нахоҳанд ҷуз он чики мебинед, баромон дод!!

Мо дар рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқ аз ҳуқуқ мегӯем?

Мисли он аст, ки дар рӯзи, бигирам, «Бакорат», аз бакоратбохтагон тамҷид кунем.

Дар рӯзи «Демократия» аз демократияи таҷовузшудаи поймолгашта тавсифҳо кунем?

Маънои он аст, ки дар мурдаи аттеисте аз «эмондорию хидматгорияш ба халқи худову зуҳду парҳезкорӣ»-яш ба ҷанозахонон тавсифу таъриф кунем!

На он мурда розӣ мешаваду на мурдабарону на аттеистони воқеӣ!

Ҳама чиз дар табиати Худо бо номи худаш зебост!

Уқоб – уқоб аст

Зоғ – зоғ

Мӯрча – мурча

Хар – хар

Кафтор – кафтор

Дар ин рӯзи ҳуқуқи инсон, шояд дар Тоҷикистон,  як чунин «ҷанозаи аттеисти бедин»-и мурдаро бо кафани дурӯғину ҷанозаи дурӯғине чанд «беимон» такбиргӯён хонанд. — Манзурам ҷашн бигиранд. Аз волоияти қонун бигӯянд. Аз инки ҳукумати Тоҷкистон қонунмеҳвар асту шаҳрвандонро ҳуқуқу озодиҳояшон дар зери сояи ғафси 33-солаи пешвои муъаззам риояву ҳимоят мешаваду тамоми мақомоти ҳомии ҳуқуқи инсон (башар), ба мисли пулису амниятиву прокурору суд, шабу рӯз дар фикри онанд, ки шаҳрвандони комилҳуқуқи ин диёр сари мӯе аз эҳтирому ҳуқуқу озодиву хостаҳои қонунияшон поймол нашвад!

Вале ҳайҳот…

Инҳое, ки насл андар насл, сар аз соли 1992 то имрӯз бо зӯргӯиву таъаддиву ҷинояту хиёнат чун бӯзинагон рӯи ин ҳама курсиву раёсатҳо расидаву чун харчанг ин ҳама мансабҳоро, бо чангу дандону кунашон газидаву доштаанд, кай парвои қонуну қонунмандӣ доранд?!

Агар инҳо бо роҳи қонунӣ сари кор меомаданд, ингуна миллатеро «буз намекашиданд»-у миллатеро то ин ҳадд таҷовузу хору зор намекарданд, балки баръакс ҳама кору борашонро санҷида, ҳама қадамҳошонро дониста, бо риояи қонунҳои ҷории кишвар, ба нафъи ин миллату кишвар файсала карда, ба ҷои дарди сар шудан ба миллате, тоҷи сари ин миллат мебуданд!

Вале агар инҳо дар доираи қонун амал мекарданд чӣ мешуд?!

Чӣ мешудашро ҳам хуб гӯш кунед;

Аз боло сар мекунем:

Агар Раҳмонов дар доираи қонун амал мекард, ҳеч гоҳ аз сатҳи Президент болотар намерафт, ба худ унвону алқобе чун «Ҷаноби олӣ», «Пешвои миллат», «Асосгузори сулҳу ваҳдат», «Наҷотдиҳандаи каҳкашонҳо» (ҳолонки аз ӯҳдаи идораи як кишвари кӯчаку як оилаи гӯшнааш намебарояд, куҷо расад ба наҷоти каҳкашонҳо, ки кори худоист), наменомидандашу ин ҳамаро расмӣ, қонунӣ, «официально» намекарданду барои ин ҳама ҳамоқату дӯздии расмӣ, 1.5%-и будҷети беинҳам дефитситро барош тахассус намедоданд!

Агар Раҳмонов дар доираи қонун мечархиду амал мекард, асло розӣ намешуд, ки барои «расмӣ» кардани амалҳои ғайриқонунии ҷинояткоронааш, ҷони Ҷиёнхон Ризоевро бигирад

Агар Раҳмонов марди қонунманд буд, аслан «Фронти Халқӣ»-и ғайриқонуниро, чун бандаи роҳзанон, дар берун аз ин марзу бум ташкил намедод, то ба қудрату расёсат расад .

Агар Раҳмонов дар доираи қонун амал мекард, ҳеч гоҳ хӯни зиёда аз 300 ҳазор аҳолии бегуноҳро бо артишу зархаридҳои бегона намерехт. 5 сол бар зидди миллаташ ҷанги гарму ҳаминак 20-у анд сол «ҷанги сард» ба роҳ, чун Ҳофиз Асаду писари қотилаш , Башшори фирорӣ, намеандохт!

Эмомалӣ чун дигар ҳамтоёни тасодуфан ба рӯи арикаи қудрат расидааш, то дами марг, бо миллати хеш, баҳри бақои авлоди хеш, хоҳад ҷангид! Режими Раҳмонов то кунун миллати тоҷикро, ки аз ҳисобаш карру фарр доранд, «душман» меҳисобанду омодаи набарданд бо ӯ!!

Агар Раҳмонов аз роҳи интихоботу қонунмандӣ номзадии худро ба Расёсати Олӣ пеш мегузошт, ҳеч гоҳ на худ ба ин рӯзи «нек» мерасиду на авлоду атрофиёнаш то ин ҳадди девонавор сарватманду дорову борзӣ мешуданд.

Агар Раҳмонов аз роҳи қонун пеш мерафт, ҳеч гоҳ «ҳангоми машғул будан ба кори давлатӣ, машғул шудан ба тиҷорат», тибқи талаботи Сарқонун барош иҷозат намебуд!

Натанҳо худаш, балки писари «депутат»-у духтари «раиса»-ву қудои девонаавзоъи вазири алоқааш, ва на ягон-то пулис-тоҷир, прокурор-оптовик, судя-соҳибмағозаҳояш имкони «тоҷири ватанӣ» шуданро, аслан, надоштанд! Дуздию шантажу ҳаромкорию шӯримурию ба гуфти Раҳмонов «Делаҳои баъзан пл ..(вайдорора) ҳазоруяк тараф «тов» намедоданд, то миллионер шаванд.

Агар Раҳмонов аз роҳи қонун пеш мерафт, ҳеч гоҳ коррупсия дар ниҳодҳои кишвар рушд намекарду ҳеч гоҳ мансабҳои давлатиро, ки моли пияндари даюсаш – Раҳмончақур набуд, аз Ҳокимон то учасковою гаишникҳо ба манбаи «сарватғундорӣ»-ву говбозору говсавдо мубаддал намекард!

Як колхознике, ки дар доираи қонунҳои совхозу колхозу қонунмандиҳои «говпарварӣ» сатҳи андеша дорад, кай парвои ҳуқуқу қонуну волоияти онро дорад? Ақлонияти ин колхозиёни асри пор ба ин назокатҳои ҳуқуқӣ намерасиду намерасад!

Гов+суд, гов+зӯрӣ = гов+ақлӣ!

Говбозор ташкил карда аст Раҳмонов дар пойтахти Тоҷикон!

Ва барои худаш ин соҳиби «Звероферма» аз пули ин ҳайвонистон Қасри бадвоҳимае дар таҳҷои қасри дарҳамкӯбидаи Беки Ҳисори Шодмон, бино кардаву бо қонуни «говсуд»-у «говзӯрӣ»-ву «говсуворӣ» хартозӣ дорад!

Як омили ба «Иттиҳоди гумрукӣ» то ҳол напайвастани Раҳмонов дар он аст, ки Раҳмонов қонунмандӣ, порядочний будан, тозакорӣ ва ҳисоботдиҳиро наздӣ «қонун»-ҳои байналмилалӣ қади аҷал бад мебинад!!

Ҳатто дар китобаш «Аз Ориён то Тоҷик» бо сароҳат зикр мекунад, ки «Ҳангоми зердасти раиси колхози ба номи В. И. Ленин буданам дар данғара, аз сарзанишҳои роҳбару сахтгириҳояш сахт ба ғазаб омада, қариб мунфаҷир мешудам, вале (гӯё) дар ин ҳол, панду андарзҳои Зартушт, ки дар рӯзномаҳо хонда будам, ки «Гуфтори нек, пиндори нек ва кирдори нек»-ро тавсия мекард, хашму ғазабамро каме паст мекард».

Оре, агар Зартушт намебуд, Раҳмонови қонунтаҷовузгар  он бечора Раиси колхозро чун Ҷиёнхону Раҳмон Набиеву Салиҳову Мирзо Зиёеву Ҳоҷиҳалим кайҳо бӯғӣ мекарду тезтар раиси колхози Влалимир Ленин мешуд.

Вале, руяшро ба 8 ҷояш ин колхозники қонунтаҷовузгар сиёҳ мекунад, ин қалтабони табиатан шӯрапушти қотилро танҳо қонунҳои сахти ШӮРАВӢ аз ин ҷиноят боз медошт, вагарна ин малъун на тобеи қонунмандиҳои дини Спитама Зартушт буду на побанди қонунҳои Шӯравию на инак побанди қонунҳои Ҷумҳӯрии Тоҷикистон.

Ин инсон як авбоше аз табори авбошони Сангак Сафаров аст, ки «қонун»-ашон тиру тӯфанг буду ҳасту мемонад! Силоҳҳояшон то ҳанӯз омодаи шилик аст! Шамшерҳои охтаашон то кунун дар ғилоф нест!

Ин ҳокими силоҳбадаст, охирин намояндаи Фронти Халқиро бояд миллати тоҷик «халъи силоҳ» намуда, аҳрому фишангҳои давлатиро аз зери қабзааш раҳо карда, Қонунро аз асораташ озод созад. Гови бешохбандро банд ба шохи шикастааш бояд зад – банде мӯҳкаме аз 10 банди Сарқонун!!

Он гоҳ мешавад ба миллат оид ба рӯзи  ҷашҳонии Ҳуқуқи Инсон сухан гуфту арзишу аҳамияти онро барошон таълим дод!

Чӣ гуна оид ба «қонуну ҳуқуқ» сухан гӯем, ки ин аҳримани душмани озодӣ садди роҳамон аст? – ин харсангро  (шояд хару сангро) аввал бояд аз сари роҳи қонуну озодӣ «ҷарҷарак»  тела карду пасон, институти ҳуқуқмандиро ниҳодина кард!

Агар Раҳмонов аз роҳи қонун пеш мерафт, ба ҷое намерасид, ва агар имрӯз ҳам Раҳмоновро дар доираи қонунмандӣ ғунҷонанд, метаркад;  чун ғӯке, ки даруни оби ҷӯшон афтода асту то охирин лаҳза худро ба ҳарорати он «мувофиқ» кардан мегирад, дар лаҳзаи охир, ҳатман таркида титу пора мешавад. Раҳмонов ҳам дигар, пас аз ин 33 соли амал дар дораи берун аз доираи қонун, ҳаргиз наметавонад,  ба он маҳдудаҳое баргардад, ё баргардонида шавад, ки ин ҳама «азамату бузургиву ба гуфти худаш : карру фарро»-ро азаш салб кунанд.

Чӣ гуна Раҳмонов ва ҳаряк хару хингали борзии қонунтаҷовузгараш розӣ мешванд, ки аз баҳри бекаронаи «беқонунӣ», ки барошон ин ҳама нӯшу неъмату фаровонию дастбозиву таллаву тороҷу ғадру шантажу пулситонию тӯҳмату миёнидигароншиканию кайфу роҳату серию пурию «обрӯ»-ро дода аст, гузашта,  ба  доираи маҳдуди «ҚОНУН»-и «наҳс» барошон баргарданд!?

Ин кор барошон аз марг ҳам сахттар аст, ки баргарданд ба доираи қонун, ба доираи маоши моҳонаи маҳдуд, ки ба дарди бухӯру намурашон ҳам намерасад, чӣ расад ба инки дар ин «доираи тангу маҳдуди қонун» соҳиби Лексус, хонаҳои люкс, коху кӯшкҳо, арусҳои бешумори нозанини СПИД-дор, (занҳошон ҳам аз инҳо намуна гирифта, ба гуфти Аҳмади Дониш: «бо ҳазор аскар дар як шаб хуфтухез» мекунанд), шаванд.

На, ҳаргиз на!

Инҳо, агар, рӯзе ба доираи қонуну қонунмандӣ баргардонида шаванд, ҳамагӣ, аризаи истеъфояшонро навишта, пайи тиҷорату боғдорию даҳмардагии суннатияшон мешаванд, чун ҳамагӣ – инҳое, ки пушти мизи маносиб мебинед, агар либосҳои расмии бо пули дуздида аз ин миллатро (чун Раҳмонов, ки бо либоси дуздӣ, ғайриқонунӣ Раиси Шӯрои Олӣ шуда буд), аз танашон халъ кунед, як чӯпоне, як говбон, як харчарон, як даҳмарда, як подабон, як колхозники ҷоҳилро хоҳед дарёфт, ки «таға»-ҳошон «через» карда таги кунашон курсӣ гузоштаанд! Аз подабонӣ, аз рӯи сангҳои саҳро хезонда, оварда рӯи нармкурсиҳои идораҳои пойтахт кунҷулусашон кунонидаанд!

Агар Раҳмонов, СС.Ятимов, Юсуф Раҳмон, Рамазон Раҳимзода Ҳумайро, Рустами Эмомалӣ, Озодаи Эмомалӣ, Азизамои беваи Раҳмонов, Шоҳрихи  бинти кали Фаттоҳ ва ҳатто муфтии аскар – Саймукарраму дигар тамоми вазирону ҷазиронро, аз аъмоли берун аз доираи қонун ва «шӯримуриҳои ғайриқонунӣ»-яшон, ки дар Сарқонун ҷиноят аст, боздорем, рӯзашон сиёҳ, айшашон, талх ва карру фаррашон нобуд гашта, ба гуфти Далери  Эмомалӣ : «Ё мо ҳам мисли онон зиндагӣ мекунем, ё онҳо мисли мо дар нақлиёти ҷамъиятӣ, бо сару либосҳои ба маошашон мутобиқ пӯшида, саркашол, мегарданд».

Ё Ба таъбири Раҳмонов: «Ҳамин пагоҳ аз вазифа бгирантон, яхета ҳаму зану кудакотон дига қатитон гап намезанан». Оре Шумо ҳамин миқдор арзиш назди хонаводаатон доред, дар ҳоле ки назди миллат пашизе ҳам арзиш надоред, бешарафони бевиҷдони касиф!

Пас, сабаби асосии ин ҳама таҷовузи қонун дар он аст, ки Исмоили набераи Пингвинги Раҳмонов бояд миллионер бошад – дар доираи қонун ин амал ҷоизу имконпазир нест.

Қонун барои он таҷовуз мешавад, ки Тоҷикистон тибқи боби аввали Сарқонуни ҶТ давлати Демократӣ асту дар ҷумҳурии демократӣ ҳеч чунин як ғӯле ба номи «Пешвои қабила» вуҷуд доштан наметавонад ва абадӣ ҳам иҷозат надорад кунашро рӯи курсии раёсатҷумҳур ширеш шакида шинад!

Қонун барои он таҷовуз, поймол ва сарфи назар мешавад, ки тамоми дороиҳои кишвар, ки моли умумимиллиянд, моликияти хусусии як қабила, аниқтараш як авлоди «қонунтаҷовузкун» шавад. Тамоми маҳсулоти воридшудаи афроди ин оила аз боҷи гумрукӣ озод бошанд; ҳамаи  маҳсулоти содиротии заводу фабрикаву коргоҳҳои инҳо аз боҷи содирот озод бошад; тамоми маблағҳои ба хориҷ ирсолкардаи аъзои ин клан беназорат бошад, сиррӣ бошад, амн бошад, муҳим, миллат дар ғафлат бошаду дуздон – Раҳмонов ва тамоми мақомотиёнаш, шабехун зананду ба миллат шиор партоянд: Шукрона кунед!

Боз мегӯям, барои он Тоҷикистон вориди системаи ягонаи «Иттиҳоди Гумрукӣ» намешавад, ки бар зарари аъзои оила аст, дар ҳоле ки миллиардҳо доллар ин «Иттиҳод» ба миллати тоҷику кишвари Тоҷикистон сӯд дорад!

Шукронаро ту кун, Азизмо кунад, пингвингу хару хуги дузду қонунтаҷовузкуни даврубарат кунад, пулису амниятиву прокурору ҳокимони мансабхаридаи двоишники адиргарди аз хоку гӯҳ кашидаовардаат кунад!

Чӣ аз ману мо талаб дорӣ, ки ба сазои дуздиҳои шумо, ба хотири миллиардҳои рабудаи шумо, барои хонаву кушку мошинҳои миллионсомонаи шумову барои ҳавопаймои 92 миллиондоллараи шахсии дуздидаат «шукрона» кунем?!

Мо ки чизе барои «шукрона» кардан надорем!!

Шукрона кун, ки ин миллати чумои лохи ғофили тарсуи дунёбехабари дарбадар, як бор, дар ин ҳама сол, амалҳои ғайриқонуният ҳамчун президентӣ «мунтахаб», ки гузоришгар назди миллат аст, азат «гузориш» напурсид, ки ин ҳама солҳои мадид чӣ кардиву чӣ хӯрдию чӣ дуздидию куҷо бурдию ин ҳама «карру фарро» аз қабри кадомин модари ғари аз Данғарату падари хиштакҳароми нопадарат овардӣ?!

Кӣ дод?

Дар доираи кадом қонун ба каф овардӣ?

Маошат чанда аст?

Чаро бар замми маош боз бароят 1.5 дарсади буҷаи ин кишвар дар суратҳисобат ворез мешавад, дар ҳоле, ки ин буджети касрӣ аст!!!!  Давлатро миллиардҳо қарздор кардаӣ!!!! Буджети касрӣ имконияти тарақққии кишварро надорад, вале 1.5%-ашро туи ҳарромии  рӯсиёҳи модарбахато боз  медуздӣ!!

Фонди пешво кушодаандат, фондат дар чатанат, дузди беҳайсият!!

Магар дар кишвари демократӣ ва «ҲУҚУҚБУНЁД», ки сифати дуввуми ин кившардорист, имкон дорад, ки президенте дар айни ҳол ҳам Президент бошаду ҳам Пешво?!

Ва чаро ба ҳайси «Пешво» ту бояд садҳо миллион доллар аз будҷети ин кишвари харобу лоғар ба ғорату яғмо барӣ?!

Магар худату авлодату зану бачу качу қудову андову ҳамқишлоқиёнат сарбории ин будҷети табоҳи кишвари фақрзадаю фалокатрасидаву наҳсзадаи Тоҷикон набуд, ки боз омада, ҳазорчандон зиёдтар аз маоши «президентӣ»-ят минҳайси «Пешво» будҷетро талла кардӣ?!

Дар доираи кадомин қонун ту ин ҳама ҳамоқатро ба худу авлоду гургони биёбониовардаат раво дидӣ?!

Магар маоши «президентӣ»-ят ба нафси касофатат камӣ кард? Магар ин ҳама барқфурӯшию дуздию пулшӯию миллиардҳои дар Офф-шорҳо анбоштаи оилавият камӣ кард, ки боз омада, будҷети сӯрохгаштаи ин кишвари муфлисро, зери пӯшиши «пешвоӣ» садчандон тороҷ дорӣ?

Умарат чӣ қадар монда асту ин ҳама миллиардҳоро дар к. ..  занат мезанӣ?! Ё ба он олам доллар бурданиӣ? Ё бемории даврони кӯдакият дар шакли «Синдроми дуборафақиршавӣ» то ҳол туву авлоду пайравонатро фарогир сироят карда аст?!

Гир, даф шав! Ҳамин президентият ғайриқонунист! Пешвоият бошад, таҷовузи ошкори Сарқонун аст!

Ин кившари «панҷгушаи муқаддас»-и бинокардадат аз :

Падар

Писар

Духтар

Домод

Додарарус

Бас тоқатфарсо гашта аст барои мо!

Барои ҳамин аз номи қонун, аз номус, ки худ сифати дигари қонунмандист, чун Аҳримани торикӣ меҳаросед!

На қонунро дӯст медореду бад он то рӯзе ҳастед гардан мефарореду на номусу шараф доред.

Шиоратон ҳаст: Номард бошу зинда бош!

Инҷо «номардӣ» маҳак нест, балки на ҳар номард метавонад бозори касеро берун аз доираи қонун ғасб кунад, на ҳар беномус метавонад дороиҳои рақибонашро ба ин осонӣ мусодира карда, ба зану бачаву домоду духтаронаш тавзиъ кунад.

Пур аст Тоҷикистон аз чунин «Номардҳо», ки ин имконотро надоранд, вагарна ҳама ҳамаро таллаву тороҷ мекарданд.

Танҳо пешвои «номардон» ва СС. Ятимови номарду дигаронатон то ин ҳадд номардӣ доред, ки мошинҳои Ҳоҷиҳалимро пас аз қатлаш гирифта ба духтаронатон «ҳадя аз номи падар» диҳед!?

Ин гуна кардед ба молу дороиҳои Зайду мақтул -Умаралӣ! Кафторҳои хунхори молимардумхор!!

СС.Ятимов, ту низ як хукбачае аз табори ҳамин Хуки Олии, ки духтарат бо мошини мурдае мегардаду писарат дар мағозаи мақтуле тиҷорат мекунад!

Миллати тоҷики мард, дар дарозои торих молимурдахор набуд! Шумоед, ки лошахоред, кафторҳои аз даштрасидаи чингизӣ!!

Номардони кучӯлу ҳоло хобидаанд, номардони бузург бедору пайи коранд.

Вале ба ин «номардҳо» танҳо таҷовузи қонун ин имконро медиҳад, ки миллатеро таҷовуз кунанду тамоми ормонҳову дору надору имрӯза фардову омолашонро барбод диҳанд.

Дороиҳои манқулу ғайриманқули ин миллатро аз худ кунанду обруву иззату шарафу номусу ҳайсияту ҳуқуқашонро, ки Сарқонун кафолати ҳимоят дода астро салбу поймол кунанд!

На танҳо дар рӯзи ҷаҳонаии Ҳуқуқи башару Қонун аз қонунмеҳварӣ, баргашт ба доираи қонун, волоияти қонун, адолати додгоҳӣ, шаффофияти додгустарӣ ва ҳимояву риояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тибқи Моддаи Аввали Боби Аввали Сарқонун  Тоҷикистон «Ҷузъи ҷудонашвандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ», эътироф гашта аст, сухан гуфт, балки ин армон, ин «ғӯлу анқову дӯсти бовафо»-и армониро дар саросари кишвар барои ҳамеша татбиқу риоя, густариш ва ҳимоят кард!

Дидем, ки ин корро ин дуздҳо, ки Худо мегӯянд то миллат дар ҳамин ҳоли табоҳу «беқонунӣ» умре сархам зиндагонӣ кунанду азашон «гузоришгарӣ», «ҷавобгарӣ», «масъулият» ва ҳеч риояи қонунеро талаб накунанд, амалӣ кардан наметавонанду хоҳиши татбиқи онро ҳам надорад, пас ману ту – мову шумо бояд ин «анқо»-и гумгашта – ин ҚОНУНИ ТАҶОВУЗШУДАро пайдову ҳимоя кунем.

Тоҷикон зарбулмасали хубе доранд: Подабон, ки подаро бесоҳиб гузошт, соҳиби гов говашро соҳибӣ мекунад!

Оре, ин подабони харпари алкаши қонунтаҷовузгари дузди модарбахатои хирасари авлодгарои нотоҷики қотили мардумфиреби барқдузди тифлозори мардумозори шаҳватрони пири беимон, «пода»-и мо, давлати мо, кишвари мо, Сарқонуни мо, имрӯзу ояндаи моро (ҳарчанде қасам ба Сарқонуну шири палиди модарашу хасу хошоки кишварамон хурда, ки онро ҳимоя, риоя ва татбиқ мекунаду накард),  гуфта, ки ба ӯҳда мегираду ҳифзу ҳимоя мекунад, ки накард, мо «соҳибони гов» бояд бапо шавем, рафта ин «подаи таллашуда», ин подаи бесоҳибмонда, ин говҳои «таҷовузшуда»-амонро соҳибӣ кунем. Ин подабон, ин даҳмардаи  ноӯҳдабароро дар дари кунаш шатаи дастаҷамъӣ зада, ҷазову сазояшро диҳему аз ин қасри заҳҳокиии 5-гонаи барои худу писару духтару домоду додарарусонаш, аз пули ману шумо сохтаву карру фарр доранд, дастаҷамъӣ, дафъашон кунем, ки инҳо ба хубӣ рафтанӣ нестанду қонунро ҳам дигар эътироф намекунанду забони ин қонунмандиро ҳам на танҳо дарк намекунанд, ки ба он нафрат ҳам доранд!

Эмомалӣ имрӯз чун ҳахомҳои Бани Исроил аст, ки ҳарчи ба нафъаш ҳастро ба фоидаи худу бастагонаш таҳрифу таъвил карда, миллатеро ба «гӯсолапарастӣ», ки ин «Гӯсолаи тиллоӣ» худу модару духтари ғару писари дӯзди бераҳму ҷоҳилашанд, роҳнамоӣ дорад.

Сомирии ин қавм ҳамин Эмомалӣ валади зинои Майрам аст, ки зуҳур кардаву номусу қонуни ин миллтаро поймолу таҳриф карда аст!

Таҳриф карда қонунро то пешвои гӯсолаппарастон гардад! Куҷост Мусо то яди байзову асои сеҳрноки қонунамон биёварад то аз ин Сомирии Данғарӣ наҷот ёбем?

Эй мардум, демкоратияро Президенту Пешво барои миллате намесозад, балки Демократияро миллат худаш месозад. Ҳоло сохтусози Демократия оғози кор аст, онро ҳимояву рушду нуму додан ҳам вазифаи миллат аст, то Заҳҳоки морбардӯшу Сосмирие онро дубора аз эшон салб накунад!

Демократияро бо хостан ба каф намеоваранд

Қонунро бо хомушӣ татбиқу амалӣ  намекунанд.

Озодӣ аз осмон ба сари инсонҳо, дар ҳеч асру замону кишваре наборида аст.

Президенти «муҳбуби мардумӣ» низ бо мили силоҳ, аз кишвари бегона вориди пойтахте нашуда аст.

Эй мардум, демократияро,  бархезед,  месозем

Эй миллати ғофилшуда, озодиро,  бархезед, ба каф меоварем

Эй мардум, қонуну ҳуқуқу татбиқи онро ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ману шумоем, назоратгар бояд бошем – зану мард!

Мардон, занон, духтарон, писарон — ин вазифаи ҳамаи мову шумост! Ҳамагӣ бапо шавед!

يد الله مع الجماعة

Мо дигар роҳе ҷуз сарҷамъию якгап шудану аз як гиребон чун як тан сар баровардан роҳу чорае надорем!

Худо бо мост!

Эй мардум, огоҳ бошед: гуспанди танҳоро гург медарад. Марди танҳоро шайтон ба гумроҳӣ мекашад, вале ҳеч гоҳ мардуми сарҷамъро касе шикаст додан наметавонад!

Рӯзи Ҷаҳонии Ҳуқуқи Инсон муборакатон бошад, шаҳрвандони ҳуқуқпоймолшудаи кишвари азизам!

Марг ба диктатор

Марг бар истибдод

Марг бар ҷабру бедодии ситамкорон!

Зинда бод озодӣ. Баробарҳуқуқӣ. Адолати иҷтимоӣ! Ҳуқкқи башар – ҳуқуқи инсон!

Зинда бод зиндагии шоиста дар кишвари воқеан демократӣ!

Диктатори мустадбид хаста аз корату кишвардорият шудем!

Озодӣ натанҳо дар рӯзи Ҷаҳонии ҳуқуқи Инсон пазмонатем, ки тӯли умр интизоратем!

Хулосаи моро, бигзор, Наҷиб Маҳфуз бигӯяд:

«Аз ҳаққу ҳуқуқатро талаб кардан шарм надор, чун инсонҳое вуҷуд доранд, ки аз поймол кардану рабудани ҳуқуқи шумо на шарм доранду на ҳаё».

Сообщение Чаро Раҳмонов дар доираи қонун намегунҷад появились сначала на ISLOH.net.

ҲНИТ, ним қарни пурталотум №5\3
ба панҷоҳумин солрӯзи таъсисёбии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида мешавад.

(бахши саввум, давраи панҷум)

Ҳамлаҳои бидуни вақфа ва мудовими расонаҳои расмӣ ва тохтутозҳои «фабрикаи ҷавоб», ки то пойи шоир Бозор Собирро ҳам ба компайни зидинаҳзатӣ кашида буд, дар матбуоти он рӯз бо номи  маъракаи «Антинаҳзат» ном бароварда буд. Тамоми гуруҳҳои фикрии кишварро ба ҷони ҲНИТ андохтанд. Вале, ин ҳама барои бастани ҲНИТ танҳо фазосозии маснуиву ҷаълӣ беш набуд. Аммо, ҲНИТро Раҳмонов, онгуна ки дар Пртоколи 32/20 дидем ба дасти мақомоти қудратӣ супорида буд. Аз инҷо буд, ки билофосила, баъд аз анҷоми нақшаи ба ном кудетои ҳоҷӣ Ҳалим мақомоти Тоҷикистон ба боздошт ва ҳабси аъзои Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шуруъ кард. Дуруст аст, ки парванда алайҳи ҲНИТ то ин кудето ҳам омода шуда буд.

Аммо ташкили ин кудето охирин шонсу охирин илоҷ ва охирин чораи ҳукумат барои маҳву маҳори ҲНИТ буд ва ҳукумат барои иҷрои ин ҳадаф «калаву пуст» зад.

Акидан таъкид мекунем ки бастани ҲНИТ танҳо ва танҳо ба Раҳмонов муҳим ва зарур буд. Ин танҳо Раҳмонов буд, ки бо ҲНИТ хусумат ва ҳасодат дошт. Баъди омадани устод Муҳиддин Кабирӣ дар раъси ҲНИТ танаффур ва душмании Раҳмонов як бар ҳазор боло рафт.

Аммо ба рағми муроди Раҳмонов ҳар қадр ки вай болои ҲНИТ фишор овард, ҳар қадр ки  хост онро камрангу беқувват ва заиф нишон диҳад, баракс мешуд. Шумори тарафдору ҷонибдорони ҲНИТ меафзуду меафзуд ва аксарияти мардум бар ин бовар буданд,ки танҳо ҲНИТ аст ки метавонад кишварро аз зери юғи ҳукумати оилавӣ-қабилаӣ раҳо кунад. Наҳзати исломии Тоҷикистон тарафдорӣ ва пуштибонии густардаи мардумро ба даст оварда буд. Ва,аз инҷо буд, ки ба ҲНИТ ҳамчун неруи наҷотбахш раъйу овози худро медоданд. ҲНИТ ба як воқеъияти қотеъ ва инкорнопазиру устувори ҷомеа бадал гашта имкон надошт, ки бо вай ҳисобу китоб карда нашавад. Ҳамин Абдулло Раҳнамо, ки ҳолоҳолоҳост роли ҳазордостони Раҳмоновро мебозад, дар он солҳо роҷеъ ба ҲНИТ мегуфт, ки «..имрӯз ҲНИТ яке аз унсурҳои собити низоми сиёсии Тоҷикистон аст ва ин ки дар бораи он мегӯянд, менависанд, таҳлил мекунанд, худ нишони ҷиддӣ гирифта шудани ин ҳизб аст» ва боз ҳам мегуфт, ки «Интихоботи соли 2010 нишон дод, ки истиқболи мардумии ин ҳизб қобили таваҷҷӯҳ аст»  ва беш аз чунин тафсиру таъвил мекард: «дар шароити мураккаби имрӯз будани ҲНИТ ҳамчун шарики мӯътадили давлат ва ҳамчун яке аз унсурҳои суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои давлатӣ ва амниятии кишвар мебошад. Агар ба ин масъала аз нигоҳи вазъи минтақа ва ҷаҳон, аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ ва давлатдорӣ назар шавад, дар чунин марҳила ҳама гуна талош барои заиф сохтани ин ҳизб ба нафъи давлат ва кишвари мо нест. Ва хуб аст, ки пас аз авҷи овозаҳо дар бораи сарнавишти ҲНИТ, ахиран, Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон А. Азимов изҳор дошт, ки дар назди давлат, чунин масъала, яъне масъалаи бастани ҲНИТ умуман матраҳ нест. Ин посух аз чунин манбаъи босалоҳият на фақат барои аъзои ҲНИТ, балки барои ҳамаи онҳое, ки ба субот ва амнияти ин кишвар арзиш қоиланд, хабари хубе буд.»

Қисматҳои суҳбати Абдулло Раҳнамо аз ҳамоише таҳти унвони «ҲНИТ, ҷомеа, ҳукумат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ» овардем, ки дар ҳафтаномаи «Миллат» мунташир шуда буд.

Ва, аммо  Прокуратураи генералӣ Ҳизби наҳзати исломиро тарроҳ ва пуштибону ҳодии ин кудето хонд ва аз Суди олии кишвар хост, ки фаъолияти онро манъ кунад.

Мурофиаи додгоҳии ҲНИТ махфиёна ва дур аз чашми ҷомеаи кишвар доир шуд. Инро ҳам бояд бигуем, ки алайҳи ҲНИТ на танҳо Прокуратураи генералӣ, чанде дигар аз ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон ҳам шикоят карданд.

Додгоҳи олӣ 29 сентябр, ҳануз ду ҳафта аз кудетои ҳоҷӣ Ҳалим нагузашта буд, ки ҲНИТро баст ва бадтар аз ин террористӣ эълон кард.

Бар алайҳи ҲНИТ ҳатто вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳам шикоят кард ва намояндаи он аз додгоҳ хост ин ҳизб мамнуъ ва террористӣ шинохта шавад:

«Намояндаи Вазорати фарҳанг Сафаров Давлат аризаи Прокурори генералиро пурра дастгирй намуда, баён кард, ки роҳбарон ва аъзои ин ҳизб давоми панҷ соли охир даст ба ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ)-террористй зада, дар байни аҳолй, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехтаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон, амнияти миллй гардида, асосҳои сохти конститутсионй, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери хатар гузоштааст. Роҳбарон ва аъзои фаъоли ин ҳизб дар аксар минтақаҳои кишвар фаъолият карда, барои нооромии авзои сиёсй ва барангехтани кинаю адовати миллй мусоидат намудаанд. Аз суд хоҳиш намуд, ки аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шавад.»

Бале, ин ҳамин Давлат Сафар аст, ки ҳоло муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон мебошад.   Аммо агар ҲНИТ тавассути васоити ахбори омма даст ба аъмоли ғайриқонунӣ зада буд, чаро як бор дар ин панҷ сол(!) –и мавриди назараш як бор огоҳинома ба ин ҳизб нафиристод. Ин ҳизб тайи он панҷ соле, ки Давлат Сафар дар назар дорад, дар кадом минтақа ва маҳалли Тоҷикистон бесуботиву ноамнӣ, ки боиси халалдор шудани ҳаёти осуда шудааст, ба вуҷуд овард? Ҳиҷ мисолу мадраке пешниҳод накардааст.

Намояндаи вазорати адлияи Тоҷикистон ба Додгоҳ протоколҳои гуё бо хоҳиши худ бастани шуъбаҳои ноҳиявӣ ва ихтиёран аз суфуфи ҲНИТ хориҷ шудани масъулин ва аъзои онро пешниҳод карда талаб намудааст, ки ҲНИТ баста шавад, зеро вай дигар ҳуқуқи ҳамчун ҳизби умумиҷумҳурӣ амал карданро надорад:

«Дар суд далелҳои зерин мавриди омӯзишу баррасй қарор дода шудаанд; протоколи ҷаласаи шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд аз 20 июни соли 2015, протоколи ҷаласаи ячейкаи бахши ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд аз 18 майи соли 2015, протоколи маҷлиси Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ғончй аз 06 апрели соли 2015, протоколи ҷаласаи бахши ҲНИТ дар шаҳри Панҷакент аз 23 июни соли 2015, протоколи ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара аз 19 июни соли 2015, қарори ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара аз 19 июни соли 2015, протокол оиди қатъ намудани фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Мастҷоҳ аз 11 июни соли 2015, протоколи ҷаласаи бахши ҲНИТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 10 майи соли 2015, протоколи Маҷлиси ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оиди қатъ намудани бахши ҳизб аз 07 майи соли 2015,…..» ва дар умум вазорати адлия ҳудуди 80 протоколро далел меоварад, ки бахшҳои ноҳиявӣ дигар амал намекунанд:

«Мувофиқи ҳуҷҷатҳои ба суд пешниҳодгардида қисмати зиёди аъзоёни ҲНИТ ихтиёран узвияти ҳизбро тарк намуда, тавассути баромадҳояшон дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла Шабакаи чаҳонии Интернет амалҳои ғайриқонунии ҲНИТ-ро фош ва маҳкум намудаанд.

Далелҳои дар боло овардашуда аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки сохторҳои давлатӣ ба фаъолияти ҲНИТ ва шаҳрвандоне, ки ихтиёран ба ин ҳизб шомил гардида, баъдан ихтиёран аз узвияти ҳизб баромадаанд, дахолат накардаанд.

Суд муайян намуд, ки сабаби асосии ихтиёран хориҷ шудани шаҳрвандон аз ҲНИТ ва қатъ кардани фаъолияти бахшҳои он дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо он мебошад, ки роҳбарон ва аъзоёни фаъоли он ба ҷинояту амалҳои номатлуб даст зада, боиси коста шудани нуфузи ҲНИТ дар ҷомеа ва байни аъзоёни он гардидааст.

Доир ба масъалаи мазкур ба Вазорати адлия дар маҷмуъ, 76 санаду протоколҳои сохторҳои ибтидоии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз 58 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба барҳам додани фаъолияти ҲНИТ ворид гардидааст.

Ҳамчунин муқаррар карда шуд, ки гарчанде Вазорати адлия ба унвони роҳбарияти ҳизб огоҳиномаҳои хаттӣ оид ба қатъ намудани фаъолияти ғайриқонуниаш ирсол карда бошад ҳам, аммо Раёсати Олии ҲНИТ огоҳиномаҳои пешниҳодшударо баэътибор нагирифта, қарорҳо ва санадҳои дар боло зикргардидаро ғайриқонунӣ бе баррасӣ мондааст».

Ҳамин тавр Суди олии Тоҷикистон барои бори дуввум (бори аввал соли 1993) 29 сентябри соли 2015 фаъолияти ҲНИТро баст ва онро террористӣ эълон кард. Давлати Тоҷикистон аз тамоми созмонҳои байналмилалӣ талаб кард, ки бо вай ҳамовозӣ ва ҳамраъйи кунанд. Аммо баракс, ҷомеаи байналмилалӣ ин кори ҳукуматро интиқод кард

Хабаргузории расмии Ховар ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистонро мунташир кард, ки он нусхаи иттиҳомоте буд, ки Прокуратураи  генералии Тоҷикистон нисбати ҲНИТ зада буд:

“Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Азизов Ш.О., бо котибии Искандарова М., иштироки прокурор Рауфов Ф.Х. намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримова Р.Б., Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Атоев И.Ҷ., Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Д.Ш., Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокиров Ҳ.3. ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Медиков М., Мирзиёев Х.И. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи Суди Олӣ 29 сентябри соли 2015 парвандаи гражданиро аз рӯи аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти экстремистӣ (ифротгаро)-террористӣ эътироф намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рӯзномаи «Наҷот», бастани Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва манъ намудани воридот, пайдо намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизбро баррасӣ намуда,

ҲАЛ КАРД

Аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рӯзномаи «Наҷот», бастани Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва манъ намудани воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб қонеъ карда шавад.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шавад.

Фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуда, ҳизб ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода шавад.

Нашри рӯзномаи «Наҷот» қатъ карда шуда, Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон сомонаи расмӣ таҳти суроғаи http//www.nahzat/tj  ҳамчунин дар шабакаи иҷтимоии www.facebook.com чор адад саҳифа бо номҳои «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Партия исламского возрождения Таджикистана», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ва «Партия Исламского Возрождения Таджикистана», дар шабакаи иҷтимоии www.ok.ru панҷ саҳифа бо номҳои «Ҳизби наҳзати исломии», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳизби наҳзати исломии TJK», «ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ ДАР Н.ҚУМСАНГИР» ва дар шабакаи иҷтимоии  www.twitter.com бо суроғаи https://twitter.com/nahzatti баста шуда, воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шаванд.

Аз болои ҳалнома дар муддати як моҳ аз рӯзи супоридани ҳалномаи асоснок ба тарафҳо, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ ё эътироз овардан мумкин аст.

Ва, як соли баъд аз иттихози ҳалномаи Суди олӣ ҳафтаномаи “Тоҷикистон”,дар як мусоҳибаи муфассал бо Азизов Шамс Одинаевич,  қозии додгоҳи парвандаи ҲНИТ мусоҳиба орост ,ки ҳоло як қисмате аз онро инҷо меоварем:

“-Аз ҷониби  Муҳиддин Кабирӣ, дигар аъзои Раёсати Олии ҲНИТ дар ҳамдастӣ бо собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерўҳои мухолифин ва ҷавонони фиребхӯрда зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноӣ, ки ҳар кадомаш иборат аз 15-30 нафар буданд, таъсис дода шуд. Ин гурўҳҳо тибқи нақшаи тарҳрезишуда вазифадор гардида буданд, ки ба иншооти махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд. Ҳангоми баррасии ин парвандаи ҷиноӣ нақшаҳои тарҳрезишудаи ҳуҷуми ин гурўҳҳои ҷинояткор ба иншоотҳои махсусан муҳими давлатӣ, аз утоқҳои кории муовинони раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович ва Ҳаитов Маҳмадалӣ Раҳмонович, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Борбад 1 дарёфт шуданд. Тибқи нақшаи мазкур, бояд як гурўҳи 40 — нафараи мусаллаҳ аз ду тарафи бинои Қасри миллат, як гурўҳи 25 — нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурўҳи 30 — нафара аз се тарафи бинои Вазорати корҳои дохилӣ, як гурўҳи 25 — нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гурўҳи 40 — нафара ба Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гурӯҳҳои ҷиноятӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташакили ВКД ҶТ, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Баҳористон”, Раёсат ва шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом медоданд. Ин магар наметавонад асос барои бастани фаъолияти ҲНИТ гардад?

—Кабирӣ зимни суханрониаш  дар нишаст дар Варшава сабти садоеро пахш кард, ки ба собиқ ҷонишини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулазиз Ҷалов тааллуқ дошт.  Айнан хабари сомонаи “Payom net”-ро, ки тааллуқ  ба  ҳизби  мамнуъ-ҲНИТ дорад, меорам: “Дар ин сабт, ки  байни  Абдуқаҳҳори Давлат, узви Раёсати олии ҲНИТ ва Абдулазиз  Ҷалов сурат гирифтааст, Абдуқаҳҳори  Давлат  аз  муовини  раиси КДАМ мепурсад, оё ӯ ба ин ки ҲНИТ дар кудато (табадуллот  ред.) даст  дорад  бовар мекунад? Муовини  Ятимов дар ҷавоб мегӯяд, ки ӯ чун як  шаҳрванд посух мегӯяд, ки  ҲНИТ дар “кудато” даст надорад”. Ин суханро як шахси одӣ не, соҳибмансаби рутбаи баланд мегӯяд. Шояд мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ  дар  овардани  далелҳо  ба  сохтакорие  роҳ  доданд?

— Аз як ҷониб нишондоди Абдулазиз Ҷалов наметавонад асос барои баровардани ҳукми суд гардад. Вале чун наҳзатиҳо ба ин сабт таваҷҷуҳи ҳамаро ҷалб кардан мехоҳанд, мехостам ба он каме равшанӣ андозам. Бубинед, ки онҳо ҳатто муҳтавои сабтро низ таҳриф намуда мехоҳанд ба хостаҳои худ мувофиқ гардонанд. А. Ҷалов дар ҳеҷ куҷо нагуфтааст, ки “ҲНИТ дар “кудато” даст надорад”. Балки дар посух ба саволи Абдуқаҳҳори Давлат  айнан чунин ҷавоб медиҳад: “ҳамчун муовини Раиси КДАМ ҶТ наметавонам посух гӯям, ман ҳоло баробари шумо шаҳрвандам ва ҳамчун шаҳрванд мегӯям, ки “намедонам” ”.Байни “намедонам” ва “ҲНИТ дар табаддулот даст надорад” тафовут аз замин то осмон аст. Ҳарчанд худи А.Ҷалов низ, ҳамчун собиқ корманди мақомоти амният ва собиқ муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ҳуқуқи додани чунин ҷавобро надошт. Ҷалов худаш дар мурофиаи судӣ иштирок намуда буд ва ҳалномаи судӣ баъди аз кор рафтани ӯ,  пас аз чанд моҳ, қабул шуда буд. Илова бар ин, худи ӯ аз ҷониби Назарзода А. гаравгон гирифта шуда буд. Пас чи гуна ӯ “намедонистааст”. Ба чунин ҳодисаҳо аз ҳама ҷиҳат: сиёсӣ, илмӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра танҳо қонун баҳо медиҳад. Дар хулосаҳои судя ҳатто санаду нишондоди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ наметавонад ягон нақше дошта бошад.  Такяи мо дар додани баҳои ҳуқуқӣ танҳо ба далелҳост. Қонунгузори дақиқан муайян кардааст, ки “Далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ маълумоти воқеие ба шумор мераванд, ки дар асоси онҳо суд, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда бо тартиби муайяннамудаи КМҶ ҶТ мавҷуд будан ё набудани кирдори барои ҷамъият хавфнок, исбот гардидан ё нагардидани ҳолатро оид ба парвандаи ҷиноятӣ ва ҳолати дигари барои ҳалли дурусти парванда аҳамиятдоштаро муқаррар мекунанд (моддаи 72 КМҶ ҶТ)». Мана чист далел? Боз чӣ гуна далелу исбот лозим…..

Акнун худатон қазоват кунед. Магар аз ин далели муътамадтар пайдо кардан мумкин аст? Барои давлатҳое, ки ҷон канда ҲНИТ-ро ҷонибдорӣ мекунанд, боз кадом далелҳо лозиманд? Хусусан, барои кишваре мисли Ҷумҳурии Исломии Эрон ва хадамоти махсуси он, ки дастдориашон дар ташкилу анчом додани чандин амалҳои террористӣ аз ҷониби ҲНИТ тасдиқи қонунии худро ёфт». «Тоҷикистон» 30.10.2017

Ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистон дар нисбати ҲНИТ на як санади ҳуқуқӣ, балки комилан сиёсӣ буд. Ин ҳалнома аз ягон ҷиҳат ба ҳалномаҳои дигари Суди Олӣ шабеҳ набуд. Барои таъйиди ин иддио аз арзёбиҳои  “Бунёди Бузургмеҳр”                       ( Buzurgmehr Foundation) ро роҷеъ ба ин ҳалнома чанд қисматеро иқтибос меоварем:

Дар қисми хулосавии Қарори судӣ навишта шудааст: “Аз болои ҳалнома дар муддати як моҳ аз рӯзи супоридани ҳалномаи асоснок ба тарафҳо, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ ё эътироз овардан мумкин аст”.

Истифодаи калимаи “ба тарафхо” маънои онро дорад, ки дар мурофиа ду тарафи муқобил иштирок доштанд. Вале чи хеле, ки мо аз омӯзиши Ҳалнома мебинем дар мурофиаи судӣ ягон намояндаи ҲНИТ иштирок надошт. Дар асоси нишондоди шоҳидон ва маълумотҳо аз мақомоти қудратии Тоҷикистон аризаро Прокурори генералӣ санаи 25 сентябри соли 2015 ба Суди Олӣ равон кардааст. Баррасӣ ва Ҳалнома бошад, дар як рӯз анҷом дода шудааст – 29 сентябри соли 2015. 25 сентябри 2015 сол рӯзи ҷумъа мебошад. Рӯзҳои дигар, яъне 26 ва 27 сентябр рӯзҳои истироҳатӣ мебошад ва судҳо кор намекунанд.

Ҳамин тариқ барои баррасӣ ва қабули Ҳалнома аз рӯи аризаи Прокурори генерлӣ ба Суди Олӣ фақат ду рӯз 28 ва 29 монда буд. 29 сентябр мурофиаи судӣ оғоз шуд, яъне барои Ҳайати Суди олӣ фақат як рӯз барои омодасозии парванда, ирсоли хабарнома ва даъватҳои судӣ, омӯзиши аризаи прокурори генералӣ ва санҷидани пуррагии далелҳои пешниҳодшуда барои оғози мурофиаи судӣ, ирсоли нусхаи ариза ба намояндаи ҷавобгар, пурсидани ҷавобгар оид ба аризаи пешниҳодшуда ва ғайра амалҳоеро, ки қонугузорӣ дар моддаи 153 КМГ овардааст, кофӣ кардааст. Гузаронидани чунин амалҳои мурофиавӣ аз қабили омодасозии парванда, маҷлиси пешакии судӣ, таъини парванда ба муҳокимаи судӣ дар як рӯз ғайриимкон ва шубҳанок мебошад. Ҳол он, ки шаҳрвандони Тоҷикистон баррасии аризаҳои худро муддатҳои тулонӣ (се чор моҳ ва ҳатто солҳо интизор мешаванд).

Ба ғайр аз ин ба намояндагони ҲНИТ дар асоси муҳлатҳои муқаррарнамудаи Қонун нусхаи Ҳалномаи судӣ супорида нашудааст.Дар ҳар ҳолат бояд суд ба намояндагони ҲНИТ хабарнома равон мекард. Дар ҳоле, ки намояндагони Раёсати Олии ҲНИТ дар ҳабс буданд ва он вақт суд метавонист ба онҳо имконияти ҳимояи ҳуқуқҳои ҲНИТ-ро диҳад, ё инки ба дигар намояндагони ҲНИТ, ки дар озодӣ буданд, хабарномаи фиристода шавад.

Ҳамин тариқ Суди Олии Тоҷикистон бар хилофи талаботҳои моддаҳои 115 -118 КМГ рафтор намуда ягон хабарнома ба тарафи муқобил, яъне намояндагони ташкилоти ҷаъмиятие, ки дар вақти баррасии парванда дар Тоҷикистон қонунӣ эътироф шуда буд, нафиристодааст. Ин амал боиси он гашт, ки намояндагони ҲНИТ дар баррасии парванда на фақат иштирок карда натавонистанд, балки имконияти овардани шикоят аз болои Ҳалномаро низ гум кардаанд. ҲНИТ дар бораи баррасии парванда умуман огоҳ набуд.

Мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 40 КМГ дар мурофиаи гражданӣ тарфҳо ин даъвогар ва ҷавобгар мебошанд. Мо медонем, ки даъворо Прокурори генралӣ кардааст ва ин ҳам дар Ҳалнома қайд карда шудааст вале дигар тараф ҲНИТ умуман напурсида шудааст ва ба ӯ сухан надодаанд. Ҳангоми омодасозии парвнда судя бояд амалҳоеро иҷро мекард, ки иштироки ҳатмии тарафҳоро тақозо мекунад: ҳалли масъалаҳо оид ба ҳайати шахсони иштирокчии парванда ва дигар иштирокчиёни мурофиа; пешниҳоди далелҳои зарурӣ аз ҷониби тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчии парванда; тарафе ба судя оид ба талаб карда гирифтани далелҳое, ки ӯ наметавонад мустақилона, бе кӯмаки суд ба даст оварад, дархост пешниҳод менамояд; ба даъвогар ва судя дар шакли хаттӣ оид ба талаботи даъво норозигӣ пешниҳод мекунад ва -ғайра.

Суд низ бояд дар марҳилаи омодасозии парвандаи гражданӣ амалҳои муайянеро аз қабили: оид ба вақт ва маҳалли баррасии парвандаи шаҳрвандон ё ташкилотҳои ба натиҷаи он манфиатдорро огоҳ сохтан; масъалаҳои даъвати шоҳидонро ҳал кардан; экспертиза ва барои гузаронидани он коршиноси судиро таъин намудан, инчунин масъалаҳои ба мурофиа ҷалб намудани мутахассис ва тарҷумонро ҳал кардан; бо дархости тарафҳо, дигар шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо аз ташкилот ва шаҳрвандон далелҳоеро, ки тарафҳо ё намояндагони онҳо наметавонанд мустақилона ба даст оранд, талаб карда гирифтанро иҷро мекард. Вале таҳлили Ҳалномаи судӣ, мавҷуд набудани ягон шоҳид ва хулосаи экспертиза гувоҳи он аст, ки аз тарафи Суди Олӣ ин марҳилаи муҳими мурофиаи гражданӣ умуман гузаронида нашудааст. Ин ҳолатро низ боз муҳлати қабул, регистратсия, ба судя Азизов ирсол кардани баррасии ариза, омӯзиши ариза аз тарафи судя, навиштан ва ирсоли хабарномаҳои судӣ, омодасозии парванда, таъини санаи оғози муҳокимаи судӣ, ки дар якуним рӯз қисми рӯзи 25 сентябр ва 28 сентябри соли 2015 анҷом дода шудааст, исбот мекунад. Гузаронидани чунин миқдор амалҳои мурофиавӣ дар муддати кутоҳ гувоҳи дахолат ба фаъолияти Суди Олӣ мебошад.

Дар моддаи 4 КМГ оварда шудааст, ки ҳар шахси манфиатдор барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи худ, ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ дорад. Дар ҳолати таҳлилшаванда аъзоёни ҲНИТ аз ҳуқуқи ҳимояи манфиатҳои худ дар суд маҳрум карда шуда буданд. Дар мурофиаи судӣ ягон намояндаи ҲНИТ иштирок надошт, огоҳ набуд ва адвокат низ аз тарафи суд ба ҷавобгар таъин карда нашуда буд.

Дар рафти мурофиаи судии мазкур ба тарафҳо ҳуқуқҳои баробар дода нашуда буд. Тарафи аризадиҳанда, Прокурори генералӣ, имконияти пешниҳоди даъво, далел ва дастгирии даъвои худро дар суд дошт. Тарафи муқобил ҲНИТ ин имкониятро надошт, ки бар хилофи талаоботи моддаи 13 КМГ мебошад: адолати судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо ба амал бароварда мешавад. Намояндагони ташкилоти ҷамъмияти – ҲНИТ оиди пешниҳоди аризаи Прокурори генералӣ маълумот надоштанд, оиди вақти баррасии парванда огоҳ набуданд, имконияти иштирок ва пешниҳоди далелҳои худ, шоҳидон, таъини экспертизаҳо ва дигар амалиётҳои муқараргардидаи қонунро надоштанд.

Баъд аз қабули Ҳалнома ба намояндагони ҲНИТ нусхаи он супорида ва ҳатто ба тариқи почта ирсол карда нашудааст. Нусхаи Ҳалномаи мазкур баъди ду моҳ дар сомонаи расмии Суди Олӣ ҷой дода мешавад, ки аллакай имконияти шикоят карданро истисно мекунад. То ҳол низ ба тариқи расмӣ ягон намондаи ҲНИТ Ҳалномаи мазкурро гирифтагӣ нест.

Ҳамин тариқ дар рафти мурофиаи судӣ як қатор қонунвайронкуниҳо аз қабили вайрон кардани муҳлатҳои мурофиавии судӣ; ирсол накардани хабарнома ва даъватномаҳои судӣ; вайрон кардани муқарарроти мурофиавии судии гражданӣ мавриди омодасозии парванда; маҳрум кардан аз ҳуқуқи ҳимоя; огоҳ накардан оиди аризаи пешниҳодшуда ба Суд; маҳдуд кардани ҳуқуқи ҳимоя; роҳ надодан ба мурофиаи судӣ; вайрон кардани баробарии тарафҳо; маҳрумияти ҳуқуқ ба шиносоӣ бо ариза ва пешниҳоди далелҳо, дархостҳо ва шоҳидон; дастрас набудани Ҳалнома аз 29.09.2015 сол; вайрон кардани принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ ва ҷинояткор эътироф намудани ашхос бе баррасии суди ҷиноятӣ, ҷой доштанд.

Аризадиҳанда, Прокурори генералӣ ва Вазорати адлия, Хадамоти алоқа, Вазорати фарҳанг, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ва Кумитаи андоз барои тақвият бахшидани даъвои худ барои бастани ҲНИТ ва эстремистӣ –террористӣ эътироф намудани он делелҳои мухталифро ба суд пешниҳод кардаанд.

Мутобики талаботи қонугузории граждании Тоҷикистон (м. 200 КМГ) суд ҳалномаро танҳо бо он далелҳое асоснок менамояд, ки дар маҷлиси судӣ таҳқиқ гардидаанд. Вале дар қисми асоснокунии Ҳалномаи мазкур дида мешавад, ки он пурра нусхаи (копия) матни аризаи Прокурори генералӣ аст. Яъне, ки баръало рубардор кардани навиштаҷоти аризаро Судя Ашуров ҳамчун асосноккунии қарори худ қабул намудааст. Дар рафти мурофиаи судӣ ягон шоҳид ва ё мутахассис пурсида нашудааст, ягон экспертиза гузаронида нашудааст ва ба тарафи муқобил имконияти ҳимоя дода нашудааст. Агар ягон далели иловагӣ мухокима карда шуда бошад хам, он дар Ҳалномаи судӣ номбар карда нашудааст.

Раиси ҲНИТ Муҳидин Кабирӣ бо маслиҳати пешакӣ бо дигаp аъзоёни Раёсати Олии ҲНИТ аз соли 2010 то инҷониб тавассути нашрияи асосии ҲНИТ рӯзномаи “Наҷот” ва дигар воситахои ахбори омма мунтазам хабару мақолаҳои барангезандаи кинаю адоват ва низои миллию диниро нашр намуда, дар байни сокинони кишвар рӯҳияи бадбинию мухолифи сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии давлат ва Ҳукумати конститутсиониpo дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намудаанд.

Барои исботи ин далели пешниҳод намудаи худ Прокуратураи генералӣ ба суд ягон маводеро пешниҳод накардааст ва ягон мавод низ дар рафти мурофиаи судӣ таҳти муҳокима қарор нагирифтааст. Ҳатто хулосаҳои экспертизаҳои дахлдори судӣ дар Ҳалнома оварда нашудаанд. Маълум нест, ки сухан дар бораи кадом хабару маколаҳои барангезандаи кинаю адовати миллию динӣ меравад. Агар ин мақолаҳо дар рӯзномаи «Наҷот» паҳн карда шуда бошанд, пас чаро прокуратура онҳоро ба суд бо хулосаи экспертиза пешниҳод накард?

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ барои барангехтани бадбинию мухолифат нисбати сиёсати иктисодӣ, иҷтимоӣ ва фархангии ҳукумат пешбинӣ нашудааст. Чаро прокуратура инро асоси эътирофи экстремистӣ ва террористӣ номиду Суди Олӣ онро қабул кард?

Прокуратураи генералӣ ҳодисаҳои рӯзҳои 4-12 сентябри соли 2015-умро, ки тафтишоти онҳо нав сар шуда буд, мансуб ба фаъолияти ҲНИТ шумурда, ҳамчун яке аз далелҳои қатъ намудани фаъолияти ҳизб шудааст.

Аз тарафи Суди Олӣ ва судя Ашуров ҳамчун далел қабул кардан ва исботшуда ҳисобидани иштироки ҲНИТ дар ҳодисаҳои сентябрии соли 2015 ҳангоме, ки парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ин ҳодисаҳо ҳоло дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ аст, ғайриқонунӣ ва беасос мебошад. Дар ин ҳолат принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ нисбати аъзоёни РО ҲНИТ, ки дар тафтишот қарор доштанд вайрон карда шудааст.

Дар ҳалнома гуфта мшавад: «ҲНИТ бар хилофи сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлат ва ҳукумат амал намудааст».

Ин далел умуман қобили қабул ва таҳлил ҳам нест. Ягон ҳизби сиёсӣ ва ё ташкилот вазифадор нест, ки сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукумати кишварро дастгирӣ кунанд ва дар сурати дастгирӣ накардан ин ҳамчун асос барои эътирофи экстремистӣ ва террористӣ шавад.

16-уми сентябри соли 2015 13 нафар аз аъзои Раёсати олии ҲНИТ тавассути КДАМ  боздошт шуданд.

Моҳи июни соли 2016 пушти дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муввақатии шаҳри Душанбе додрас Сатторзода А,ки он замон муовини раиси Додгоҳи олии кишвар буд, ҳукми ноодилона ва сангини аъзои боздоштшудаи ин ҳизбро эълон кард. Бо ҳукми ӯ, аз ҷумла муовинони раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит ба ҳукми абад, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Қиёмиддин Аввазов, Абдуқаҳҳори Давлат ба 28 соли зиндон, Зарафо Раҳмонӣ, ки дар ҷараёни мурофиа ба зидди аъзои дигари раёсати ҲНИТ баёнот дода буд, ба 2 сол ва дигарон аз 14 то 26 солӣ равонаи зиндон шуданд. Ҷараёни тафтиши парвандаи аъзои ҲНИТ ба таври махфӣ сурат гирифт ва ҳамчуноне медонем дар рафти он шоҳидон ва боздоштшудаҳо мавриди фишору шиканҷаи фаровони мақомоти кишвар қарор гирифтанд. Мақомот сабаби боздошт ва зиндонӣ кардани аъзои аршади ҲНИТ-ро чунин шарҳ медиҳанд, ки гӯё ин ҳизб ва раҳбаронаш дар ошӯби нофарҷоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, ки 4-уми сентябри соли 2015 сурат гирифт ва даҳҳо нафар кушта шуд, даст доранд. Аммо борҳо раҳбарияти ҲНИТ ва худи боздоштшудаҳо иттиҳоми мақомотро рад карда, онро барои дур кардани ин ҳизб аз саҳнаи сиёсии кишвар ва зиндонӣ кардани аъзои он номида буданд.

Ва, аммо созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои ҳуқуқибашарӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буданд, ки зиндониёни сиёсии ҲНИТ, Гурӯҳи 24, Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов, Маҳмадрӯзи Исканадаров ва дигар фаъолони сиёсиро фавран озод кунанд, аммо ин дархостҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба инобат гирифта намешаванд.

Аммо вокунишҳо ҳам дар дохили кишвар  ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ роҷеъ ба боздошт ва ҳукми Додгоҳи Олӣ дар нисбати ҲНИТ ва 13 нафар аз аъзои Раёсати олии бисёр ҳам шадиду сахт буд. Ҳеҷ касе бовар намекард, ки ҲНИТ дар ин кудето даст дошта бошад. Раҳматулло Зоиров,роҳбари пешини ҲСДТ ва аз ҳуқуқшиносони варзидаи кишвар дар як мусоҳибаааш дар сеюми феврали соли 2016 дар ин бора чунин изҳори назар кардааст:

«Ман мехоҳам аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба ин масъала баҳо диҳам. Аввал ин ки ҳукумат аз ҳизби наҳзат тарс дошт ва илова ба ин ҳам ҳукумат ва ҳам ҲНИТ ба иштибоҳҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ роҳ доданд. Вазорати адлия ҳизбро ғайриқонунӣ эълон кард дар ҳоле ки ин вазорат чунин салоҳият надорад. Онҳо метавонистанд ба ин ҳизб огоҳӣ диҳанд ва баъди даҳ рӯзи огоҳӣ ба суд пешниҳод кунанд. Яъне адолати судиро Вазорати адлия ба дӯши худ гирифт, ки ин ғайриқонунӣ аст. Аз тарафи дигар, ҲНИТ ҳам ба якчанд иштибоҳи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ роҳ дод. Ин ҳизб набояд масъалаи ба Тоҷикистон баргаштан ва ё барнагаштани Муҳиддин Кабириро аз хориҷ баррасӣ мекард. Вақте ки Шӯрои сиёсӣ тавсия медиҳад, ки раиси ҳизб ба Тоҷикистон барнагардад, алакай суол ба миён меояд, ки раёсати ҳизб ба дӯши кӣ гузошта хоҳад шуд? Дар ин ҳолат Вазорати адлия имкон пайдо мекунад, ки аз ҲНИТ талаб кунад, анҷуман баргузор намуда ва раиси ҳизбро интихоб кунад.

Дувум, чанд нафар аз аъзои ҳизб ба Истанбул рафтанд ва эълон карданд, ки дар онҷо нишасти Шӯрои сиёсии ҳизбро баргузор карданд, ки ин амали ғайриқонунӣ аст. Барои он ки ягон ҳизб дар қаламрави кишвари дигар ҳаққи баргузор кардани Шӯрои сиёсиро надорад. Ин ҳақро натанҳо ҲНИТ, балки ҲСДТ ва ҳизби демократ ва ҳеч ҳизби дигар надорад.

Севум ин ки вақте ҳизби наҳзат эълон кард, анҷумани худро баргузор мекунад, вазорати адлия иҷоза надод, вале ҲНИТ намояндаҳои худро сафарбар кард, ки инро қонунҳои Тоҷикистон иҷоза намедиҳанд. Ва мебоист ҲНИТ анҷумани худро ба вақти дигар мегузошт ва як созиш.

Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба масъалаи ҳизби террористӣ эълон шудани ҲНИТ нигоҳ кунем то кунун дар ҳеч куҷо ва дар ҳеч санад исботи худро наёфтааст. Ва агар инро бо назардошти ҳаводиси моҳи сентябр ба ошӯби Абдуҳалим Назарзода вобаста карда ҳизби террористӣ гуфта шудааст, то ҳол тафтишоти пешакӣ ба анҷом нарасидааст, аз ҷониби Додгоҳи олӣ ҲНИТ ҳамчун ҳизби терористӣ эълон карда шудааст, ин аз рӯи қонун нест, ин супориши сиёсӣ аст.

Дар мавриди Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадор гуфтаниам, ки вай аз нигоҳи сиёсӣ ба ҲНИТ ҳеч иртибот надошт ва шахси сиёсӣ ҳам набуд, бештар тоҷир буд. Назарзода бо Муҳиддин Кабирӣ робитаи хусусӣ доштанд инро ман эътироф мекунам, вале иртиботи Назарзода бо ҲНИТ аслан ҷой надошт.»

Ва, аммо роҳбарони КДАМ ва вазорати дохила,ки дастандаркорон ва иҷрочиёни бозии кудетои ҳоҷӣ Ҳалим ва масъули боздошту зиндонисозии аъзои Раёсати олӣ ва ниҳоят бастан ва террористӣ эълон кардани ҲНИТ мебошанд, талош мекарданд, ки ин амали ҷинояткоронаи худро тавҷеҳ кунанд.

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳодисаҳои сентябри соли 2015-и  кишварро “ҷузъи оддии системаи нақшаҳои бозигарони геополитикӣ” унвон карда мегуяд, ки“Назарзодаҳо, кабириҳо абзори бозиҳои геополитикӣ ҳастанд” Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳаводиси моҳи сентябр дар Тоҷикистонро «ҷузъи оддии системаи нақшаҳои бозигарони геополитикӣ» хондааст. Дар як матлаби Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зери номи “Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (Шуури муқаррарӣ)”, ки «Ҷумҳурият» — нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон декабр 17, 2015 нашр кардааст, гуфта мешавад, ки ҳодисаҳои моҳи сентябр дар Тоҷикистон “ғайричашмдошт набуд”.Ба навиштаи Саидмӯъмин Ятимов, бозигарони геополитикӣ мушкилоти ба гуфтаи ӯ, «мансуб ба рафторҳои хиёнаткоронаи баъзе аз гурӯҳ ва афрод»-ро падидаи манфии зуҳуроти сирф миллӣ нишон доданӣ мешаванд. Ба бовари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, давлатҳои мушаххас дар ин самт, бо роҳу василаҳои гуногун манфиати хешро амалӣ месозанд.  Ӯ дар ҳодисаҳои моҳи сентябр, ки бештар бо номи “ошӯби генерал Назарзода” маъруф аст, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиаи Тоҷикистонро “бозича” унвон мекунад.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ пас аз мамнӯъ эълон шудани фаъолияти ҲНИТ гуфт, ки ӯву ҳизбаш дар ошӯби Назарзода даст надоранд. Муҳиддин Кабирӣ аз ҷумла гуфта буд, ки “ман ин иттиҳомотро комилан рад мекунам. Ман ва ҳизби ман ба ин ҳаводис иртиботе надорем.»

Устод Кабирӣ чанде пеш дар як суҳбати ихтисосӣ бо «Ислоҳ» аз он рӯзгорон ёдовар шуда гуфт, ки вай аз ҷумла бо Ятимов суҳбат кард ва Ятимов гуфт, ки тасмим дар бораи баста шудани ҲНИТ гирифта шудааст ва беҳтар ин аст ки худашон довталабона ва бо дастони худ барҳамдиҳии худро эълон ва иҷро кунанд. Аммо гуфт устод Кабирӣ, ки онҳо розӣ ба гирифтани ин ном ва лаккаи нанг нашуданд.

Аммо ҳамчуноне гуфтем, мақомоти қудратӣ талош мекарданд, ки бастани ҲНИТ-ро кори дуруст ҷилва диҳанд. Тибқи як навиштаи «Озодӣ» Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро аз маблағгузорон ва раҳбарони асосии ҳамлаҳои рӯзи чоруми сентябр дар Душанбе ва Ваҳдат донистааст. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, 14 декабри соли 2015  ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро «аз сармоягузорон ва раҳбарони асосии» ҳамлаҳои Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифои кишвар донистааст. Генерал Раҳимзода, ки дар ин бора рӯзи душанбе бо мардуми ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон суҳбат мекард, гуфтааст, пахши ин ҳамлаҳо ва боздошту безараргардонии омилонаш танҳо бо кумаки сокинон дар муҳлати кӯтоҳтарин анҷом ёфт: «Мардум дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намуда, тарафи ҳукумати Тоҷикистонро гирифтанд, ки ин ҳодисаҳо дар мӯҳлати 10-12 рӯз ба анҷом расида, гурӯҳҳои террористӣ безарар гардонда шуданд.»

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар идома сокинонро ба ҳамкорӣ бо мақомоти интизомӣ даъват карда ва бештар аз ҳузури шаҳрвандони кишвар дар майдонҳои ҷанг дар Сурия ва Ироқ нигаронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, ки барои иштирок дар ин ҷангҳо беш аз 600 нафар рафта, ҳудуди 50 тани онҳо бо изҳори таассуф ба кишвар баргаштаанд ва бо хонаводаҳояшон ба сар мебаранд.

Ба дунболи бастан ва террористӣ эълон кардани ҲНИТ ва ҳабсҳои тулонии аъзои Раёсати олии он, аз ҷумла муҷозоти ҳабси абад ба ду муовини раиси ҲНИТ созмонҳои байналмилалӣ вокунишҳои сахту сангинеро аз худ нишон дода ин амали ҳукумати Тоҷикистонро маҳкум карданд. Дар ин қисмати ин матлаб чанде аз ин баёния ва изҳори назарҳои созмони ҷаҳонии дифоъ аз ҳукуқи башар ва давлатҳоро, ки он замон расонаҳо мунташир карда буданд, аз сарчашмаҳои бози интернетӣ пешкаш мекунем, то манзара ва ҳавлу ҳоли он рӯзҳои ҲНИТ ва роҳи нимасраи пурталотуми он рушантар бишавад:  Гузоришгари вижаи СММ дар умури озодии баён Девид Кайе ҳукми зиндони тӯлонии раҳбарони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро маҳкум кард. Девид Кайе рӯзи 7 июни соли 2016 дар баёнияаш гуфт:  “ҳукми шадиди раҳбарони мухолифин афзоиши беҳадди маҳдудиятҳо дар роҳи озодии баён дар Тоҷикистонро ба намоиш мегузорад. Вай гуфтааст, ки “эъмоли чунин чораҳои тунду худсарона алайҳи мухолифон ва раҳбарони мазҳабӣ натанҳо қобили қабул нест, балки хатарнок ҳам ҳаст, чунки танҳо ба тундравтар шудани онҳое, ки берун аз арсаи баҳсҳои ҷамъиятӣ мемонанд, оварда мерасонад.”

Ҳолгер Грин – сафири Олмон дар Душанбе, рӯзи чоршанбе 8 июни сли 2016  дар ҳамоиши «Нақши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ” гуфт,  ки мақомоти тоҷик гумонбарон ба ифротгароиро асосан ба зиндон кашида, барои аз ин роҳ баргардондани онҳо аз шеваҳои дигар истифода намекунанд, «Магар ба ҷуз аз боздошту зиндонӣ кардани афроди гумонбар ба ифротгароӣ роҳи дигар вуҷуд надорад?”– суол кард сафири Олмон дар Душанбе.

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо «САҲА» дар баёнияаш аз 2 октябри соли 2015 бо изҳори ташвиш аз ҳабсу боздошти 13 узви ҳизби наҳзати исломӣ аз аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, то замонат бидиҳад, ки муборизааш алайҳи “терроризм” ва “ифротгароӣ” дар чорчӯби қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар анҷом хоҳад шуд.”

Комиссариати олии СММ дар масоили ҳуқуқи башар аз афзоиши хатари нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар паи манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва боздошти даҳҳо тан аз фаъолони ин ҳизб дар авоили моҳи сентябр изҳори нигаронӣ кард. Дар баёнияи ин созмон, ки рӯзи 2 октябр нашр шуд, таъкид шудааст, ки рӯзи 29 сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон ҲНИТ-ро “созмони террористию бунёдгаро” эълом ва фаъоляти онро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ кардааст. Гуфта мешавад, ин тасмим аз маъракаи тӯлонии фишор, таҳдиду тарс додан ва эҷоди монеа дар роҳи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ маншаъ мегирад.

Ҳамчунин, ин ниҳоди СММ аз боздошти 13 узви аршади ҲНИТ бо иттиҳоми даст доштан дар ошӯби гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ва дастгир шудани Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи афроди боздоштшудани ин ҳизб ба гумони “қаллобӣ” ва “сохтакорӣ” ибрози ташвиш кардааст.

СММ аз Тоҷикистон даъват кардааст: “ ҳама тадбирҳо алайҳи “терроризм” ва “ифрогароӣ”-ро дар чорчӯби меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар роҳандозӣ карда, ҳуқуқи шарвандонро ба озодии баёну виҷдон, ҳамоишҳои сулҳомез, ширкат дар тадбири ҷамъиятӣ ва усулҳои ғайритабъидӣ эҳтиром гузоранд. Дар изҳорот таъкид мешавад, ки шароити боздошт ва қонунияти он бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ анҷом шавад”.

Рӯзи 1 октябр Иттиҳодияи Аврупо низ бо пахши як баёния гуфтааст, созмони террористӣ эълом шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати ин кишвар маҳдудияти бештарро болои озодии баён ва бисёрандешӣ ҷорӣ мекунад. Ба гуфтаи Майя Косянчич, сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо, ин тамоюл баъди интихоботи парлумонии моҳи марти имсол мушоҳида мешавад. Вай мегӯяд, ҳама қарор дар мавриди манъи рақобати сиёсии ҳизби сиёсӣ бояд мавриди баррасии ҳуқуқии озоду боз қарор бигирад. Рӯзи 29 сентябр Freedom House ё Хонаи Озодӣ, як созмони мудофеи озодиҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар аз боздошти фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар саросари ин кишвар интиқод кард. Дар баёнияи ин созмон таъкид шудааст: «Ҳукумати Тоҷикистон аллакай раҳбарони  аршади ҲНИТ-ро зиндонӣ карда, раиси ин ҳизбро маҷбур ба ҳиҷрат кардааст. Созмони террористӣ унвон шудани он 40 ҳазор тан аз аъзои онро дар саросари кишвар бо таҳдиди ҳабс рӯбарӯ хоҳад кард”.

Сафорати Амрико дар баёнияи худ дар рӯзи 30 сентябр аз “маҳдуд шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ” ва “таъқиби мухолифон” дар Тоҷикистон ибрози ташвиш кард.

Поёни бахши саввуми давраи панҷум, ин давра идома дорад….

Сообщение  ҲНИТ, ним қарни пурталотум №5\3 появились сначала на ISLOH.net.

ҲНИТ, ним қарни пурталотум №3\3
(бахши севвум, давраи севвум)

Идомаи муқовимату музокирот, имзои Созишномаи умумии сулҳ ва таъсиси Комиссияи оштии миллӣ

Яке аз бахшҳои умдаи фаъолияти Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон дар таркиби Иттиҳоди неруҳои оппозитсион дар даврони муқовимат ва музокирот таъсису роҳандозаи расонаҳои савтӣ ва катбӣ ба шумор меравад. Ҳаракати Наҳзат дар ин маврид ҳам таҷрибаи кофӣ дошт. Нахустин расонае, ки Наҳзати Исломӣ дар Толиқони Афғонистон фаъол кард, радиои «Тоҷикистони озод» буд, ки дастгоҳи онро, бинобар ҳикояти эшони Қиёмиддини Ғозӣ аз дасти яке аз қумандонҳои узбактабори таҳти итоати Аҳмадшоҳи Масъуд аз Буркаи вилояти Бағлон дарёфт карданд. Бинобар ин ҳикояти эшони Қиёмиддин ин дастгоҳи бузурги радиоӣ, ки садҳо ҳазор доллар арзиш дошт ба ихтиёри Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон ройгон дода шуд. Беш аз ин қумандон тамоми масорифи интиқоли ин дастгоҳро, ки дар чанд Камаз бор карда ва аз Бағлон то Толиқон оварданд, худаш пардохт кардааст. Амвоҷи «Садои Тоҷикистон»-и озод то ба шунавандаи Тоҷикистон ҳам мерасид ва дар ватан шунавандаҳои худро пайдо карда буд. Таъсису роҳандозии ин радио дар ҳақиқат аз дастовардҳои беназири “Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон” дар даврони ҳиҷрат ба шумор мерафт. Ҳаракати Наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин давра ҳамчунин нашрияи “Садои муҷоҳид” бо ҳуруфи кириллӣ дар чопхонаи ноҳияи Ғарм чоп ва паҳн мекард.  Ҳамчунин нашрияҳову гоҳномаҳои “Пайки пирӯзӣ” ,“Ҷайҳун”, ”Паёми муҳоҷир”—ро чоп ва ба дасти тарафдорони худ мерасонд. Ин расонаҳо дар таблиғи афкору ақидаи “Ҳаракати наҳзати исломӣ” ва сиёсати сулҳӯёнаи он нақши босазо гузоштаанд. «Садои муҷоҳид» органи чопии Артиши Наҳзати исломии Тоҷикистон буд ва дар он бар замми навгониҳо аз ҷабҳаҳои ҷиҳодӣ ҳамчунин аз иттифоқоти онрӯза хабарҳо ба нашр расонида мешуданд. Султони Ҳамад хабарнигори тоҷик дар он даврон дар қатори муҳоҷирон дар ҳиҷрат қарор дошт. Вай роҷеъ ба ин нашрия маълумоти ҷолиберо ба нашр расонидааст, ба ин зайл:

«……ҳайат чопи рӯзномаи АНИТ (Артиши наҳзати исломии Тоҷикистон) «Садои муҷоҳид»-ро дар чопхонаи шаҳраки Ғарм ошкоро ба роҳ монд. То ин муддат «Садои муҷоҳид» ба таври махфӣ ба нашр мерасид ва он дар манотиқи таҳти нуфузи размандагони ИНОТ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дар Афғонистон, дар урдугоҳҳои муҳоҷирин тавзеъ мегардид. Нахустин шумораи он моҳи октябри соли 1993 дар яке аз ноҳияҳои кӯҳистонии Тоҷикистон ба таври хеле махфӣ дар чопхонаи яке аз рӯзномаҳои ноҳиявӣ ба нашр расида буд. Вале барои дур бурдани шубҳа аз болои рӯзноманигороне, ки дар дохили кишвар бо мухолифини тоҷик ҳамкорӣ мекарданд, дар худи рӯзнома нишонии он вилояти Тахори Давлати Исломии Афғонистон нишон дода шуда буд. Нахустин шумораи «Садои муҷоҳид» ба теъдоди 500 нусха дар чаҳор саҳифаи ҳаҷми рӯзномаҳои ноҳиявӣ ба табъ расида буд. Рӯзнома бидуни акс чоп шуда буд, ба истиснои расми офтоби аз паси кӯҳ тулуъкунанда, ки дар паспорти рӯзнома ҷой дода шуда буд. Дар ҳамин паспорт рӯзномаро «Нашрияи маркази фарҳангии Наҳзати Исломии Тоҷикистон» ном бурда буданд. Каломи зерини Худовандӣ шиори газета буд: «Онон, ки ҷиҳод карданд дар роҳи мо, албатта ҳидоят мекунем онҳоро ба роҳи худ».

Дар шумораи нахустини «Садои муҷоҳид» ба ҷои сармақола «Паёми раҳбари маҳбуб устод Саид Абдуллоҳ Нурӣ ба муҳоҷирин ва муҷоҳиддини тоҷик» ба табъ расонда шуд. Паёми устод Нурӣ қариб се саҳифаи рӯзномаро дарбар мегирифт. Дар ин шумора инчунин  хабару шеърҳои сиёсӣ дарҷ гардида буд. Бахши аъзами шумораи нахустини «Садои муҷоҳид»-ро пинҳонӣ ба Афғонистон интиқол доданд ва он дар байни муҳоҷирин паҳн гардид.

Шумораи дуввуми «Садои муҷоҳид» як моҳ пас, моҳи ноябри соли 1993, аз чоп баромад.  Он пурра ба яксолагии воқеаҳои хунбори як сол қабли ҷумҳурӣ (соли 1992) бахшида шуда буд. Моҳи январи соли 1994 шумораи нахустини «Садои муҷоҳид» бо ҳуруфи ниёгон дар Толиқон ба нашр расид. Ҷолиб он аст, ки дар ин шумора раҳбарияти мухолифин тарҳи пешниҳодии сулҳ ба мақсади хатми бӯҳрони ҳарбиву сиёсӣ дар Тоҷикистонро нашр кард.

Бо ибораи дигар бигӯем раҳбарияти мухолифин дар рӯзномаи муҷоҳиддини хеш роҳҳои мусолиматомези қазияи Тоҷикистонро аз дидгоҳи худ пешниҳод карданд ва ин расо чор моҳ қабл аз оғози музокироти сулҳи байни тоҷикон дар шаҳри Маскав буд. Хулоса то апрели соли 1997 шонздаҳ шумораи нашрияи «Садои муҷоҳид» чоп шуда буд ва миёни муҷоҳиддин ва муҳоҷирини дар Афғонистон буда аз даст ба даст мегашт. Баъди омӯхтани вазъият дар байни муҷоҳиддин ва арзёбии имкониятҳои мавҷуда ҳайати баландпояи низомиву сиёсии мухолифин зарур донист, ки ба хотири таъсири барои раванди сулҳ муфид гузоштан болои муҷоҳиддин нашрияи «Садои муҷоҳид» аз ин ба баъд дар ҳамин шаҳраки Ғарм бо истифода аз имконоти чопхонаи рӯзномаи шаҳрӣ ошкор ба табъ бирасад ва ошкоро дар байни муҷоҳиддини дохили Тоҷикистон паҳн шавад. Шумораи нахустини «Садои муҷоҳид» ба таври ошкоро рӯзи Иди Қурбони соли 1997 (18-уми апрел) аз чоп баромад. Он дар ҳаҷми як варақ ё худ ду саҳифаи газетаи ноҳиявӣ ба теъдоди 500 нусха чоп шуд. Акнун дар паспорти он ишора мешуд, ки нашрияи Артиши наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Вокуниши ҳукуматдорон баъди ошкор ба чоп расидани нашрия дар дохил, бархилофи интизороти ҳайат, хеле ором ва таҳаммулпазирона буд. Дар шумораи нахустини «Садои муҷоҳид»-и ошкоро ба нашррасида дар саҳифаи аввал номаи табрикии устод Нурӣ ба муҳоҷирину муҷоҳиддин ба ифтихори фарорасии Иди Қурбон, табрикоти фармондеҳон Мирзо Зиё, Маҳмадрӯзӣ Искандар ва Мирзохӯҷа Низомов ба ин муносибат, нуқтаназарҳои эшон оиди раванди сулҳ ба нашр расиданд. Дар саҳифаи дуввум таҳти рубрикаи «Дарси ахлоқ», «Насиҳатномаи устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба муҷоҳиддини тоҷик» ба нашр расид, ки дар он аз размандагони мухолифини ҳукумат даъват ба амал оварда мешуд, ки дар чаҳорчӯбаи талаботи ахлоқи исломиву инсонӣ фаъолият карда бо мардум ва мақомоти расмӣ муносибати хуб намоянд ва ҳамеша аз фармондеҳони худ итоат кунанд. Чор шумораи аввали нашрия дар ҳаҷми 1 варақ ё худ ду саҳифаи рӯзномаи ноҳиявӣ ба нашр расид. Шумораҳои минбаъда дар ҳаҷми чаҳор саҳифа чоп мешуданд. Тақрибан моҳе ду маротиба ба нашр мерасид. Ҳамин тариқ соли 1997 чаҳордаҳ шумора ва соли 1998 нӯҳ шумораи «Садои муҷоҳид» нашр ва асосан дар минтақаи кӯҳистонии кишвар, яъне водии Қаротегину Вахё, Бадахшон ва шаҳри Душанбе паҳн карда шуд. «Садои муҷоҳид» дар баробари воситаи ахбори умум будан, яъне иттилоъ паҳн кардан, инчунин ба ҳайси як василае, ки тавассути он болои фармондеҳону размандагони АНИТ таъсири барои раванди сулҳ мусбате гузошта мешуд, хизмат кард. Баъдҳо, яъне пас аз дар моҳи сентябри соли 1997 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кардани Комиссияи Оштии Миллӣ, нашрияи «Садои муҷоҳид» ҳамчун як навъ минбари сиёсии ин ниҳод, ба хусус, зеркомиссияи низомии КОМ, корҳои муфидеро дар тарбияи муҷоҳиддин анҷом дод. Ҳар коре, ки дар ин самт анҷом дода мешуд, дар ин нашрия инъикоси худро тақрибан пайдо мекард. Раванди истиқрори сулҳу оштӣ пасту баландиҳое дошт.

Сайидиброҳими Назар, масъули чопи нашрияи «Пайки пирузӣ» дар сӯҳбате бо сомонаи «Рӯзгор.тҷ» яке аз дигар нашрияҳои Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон дар даврони ҳиҷрат дар бораи ҳадафи нашри он чунин мегӯяд:

«Соли 1995 мо ҳамроҳ бо Устод ва чанде аз бародарон аз Теҳрон як сафаре доштем ба Кобул ва дар ҳамин сафар масъалаи таъсиси маҷалла ба вуҷуд омад. Зеро эҳсос мешуд, ки мо ниёз ба маҷаллае дорем, ки ахборро ба муҳоҷироне, ки дар дигар манотиқ мисли Эрон, Русия ва дигар кишварҳо зиндагӣ мекунанд, бирасонад. Баъди он ки тасмими таъсиси ин маҷалла гирифта шуд, Устод ин масъулиятро ба дӯши банда гузошт. Ба мо дар Теҳрон дафтари корӣ доданд ва ҳамроҳи Аҳмадшоҳи Комил, дар ин маҷалла кору фаъолият намудем. Ин маҷалла ба муҳоҷирони тоҷик, ки берун аз Афғонистон ба сар мебурданд, дастрас мешуд».

Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини зиндонии раиси ҲНИТ,ки он солҳо дар радиои «Тоҷикистони озод» кор кардааст дар як сӯҳбати расонаияш мегуяд: «Банда замоне ба он ҷо омадам, ки радиои «Тоҷикистони озод» фаъолият дошт. Фикр мекунам, ки он бо кӯшишу заҳмати беандозаи устоди равоншод Нурӣ ва ёрони эшон роҳандозӣ шуд ва он як қисмате аз кишварро фаро мегирифт ва барномаҳои ҷолибе дошт. Радио як ҷузъе аз ҳукумати мардуми мусалмони тоҷик дар хориҷ буд».

Тавассути ин расонаҳо ва бахусус радиои «Тоҷикистони озод» роҳбарони Ҳаракати наҳзати исломӣ устодон Нурӣ, Ҳимматзода ва Тураҷонзода суханронӣ ва суҳбатҳо карда барои муҳоҷирони дар ғарибӣ уфтода сабру тоқат ва барои муҷоҳидон пирӯзӣ дар сангарҳоро таманно мекарданд.

Аммо идомаи ҷанг дар ҷабҳаҳо ва раванди музокироти тарафҳо дар шаҳрҳои мухталиф аз он дарак медод, ки то расидан ба марҳилаи сулҳу созиш ва қатъи ҷанги бародаркуш ҳоло фурсат ҳаст. Ҷабҳа ва сангарҳои ҷанг рӯзторӯз барои ҷонибдорони ҳукумати рӯ ба Кремлини Тоҷикистон маҳдудтар мешуд. Размандагони Артиши наҳзати исломии Тоҷикистон то остонаҳои Душанбе пешрафт доштанд. Муборизаи мусаллаҳонаи муҷоҳидини Артиши Наҳзати исломӣ бақои ҳукумати Раҳмоновро зери савол гузошта буд. Аммо Раҳмонов талош мекард, ки мизони талафоти ҷонӣ ва аз даст додани назорат дар ВМКБ, водии Қаротегин ва бархе аз навоҳии тобеи марказро аз назари ҷомеа пушида дорад. Пешравиҳои муҷоҳидинро ночизу бетаъсир нишон бидиҳад. Талош мекард, ки ахбор дар расонаҳо дарз накунад. Вале расонаҳо одитарин ҳодиса дар ҷабҳа ва сангарҳоро муфассал инъикос мекарданд. Метавон гуфт, ки тамоми матбуоти байналмилалӣ ва ҳатто Русия тамоюл ба оппозитсион доштанд. Ва оппозисиюнро қурбонии сиёсатҳои султаталабонаи Русия тасвир мекарданд.

Нуктаи ҷолиби дигар дар даврони ҳиҷрат ва муқовимату музокирот барои “Ҳаракати наҳзати исломӣ” ин буд, ки роҳбарони он дар сатҳ ва мақоми роҳбарони як ҳукумат аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ, давлатҳо ва шахсиятҳои маъруфи оам истиқбол ва бадрақа мешуданд. Устодон Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Урупо, Созмони милали муттаҳид, созмони конфаронси исломӣ борҳо дар робита ба вазъи Тоҷикистон ва муҳоҷирин суханронӣ кардаанд.

Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ва ҳамин тавр Сафармурод Ниёзов президенти Туркманистон, Аскар Акаев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон бо онҳо дидору мулоқотҳо анҷом медоданд. Ба ин тартиб ҳукумати дар табъиди устоди равоншод Нурӣ ва Ҳаракати наҳзати исломии вай дар воқеъ дар даврони ҳиҷрат ва муқовимат оламгир шуд.

Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон, ки дар ба қудрат овардани Эмомалӣ Раҳмонов нақши тамом дорад, чанде баъд аз ин кораш ба шиддат пушаймон шуда ва шахсан аз роҳбарони ин Ҳаракат даъват мекунад, ки ба Тошканд ташриф фармоянд. Вай дар як суҳбаташ бо Аркадий Дубнов, ки он солҳо дар бахши русии радиои «Озодӣ» мегуяд Раҳмонов чорае надорад, ки бо мухолифинаш забон ёбад:

И. Каримов: Не, Аркадий, ман аз ибтидо мувофиқат карда будам, ки ба ҳамаи саволҳои Шумо ҷавоб хоҳам дод ва ҷавоб медиҳам. Вақти суҳбат ман инро дар назар доштам, ки аз нигоҳи расмӣ ба опозитсюн киҳо шомиланд. Онҳое, ки таҳти сарварии ҷаноби Нурӣ ва ҷаноби Тураҷонзода, ки мо бо он кас мулоқот доштем ва он бахши опозисюн, ки худро ба ҳайси ба ном гурӯҳи ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократӣ, таҳти сарварии ҷаноби Отахон Латифӣ муаррифӣ мекард. Ба ақидаи ман, опозисюни муттаҳидаи тоҷик аз ҳамин ду гурӯҳ иборат аст.  Имрӯз шумо аз Абдуллоҷонов суҳбат мекунед, дар воқеъ оё худи Абдумалик Абдуллоҷонов худашро опозисионер мешуморад ё на? Ӯ дар бораи қувваи сеюм сухан мегӯяд, вале ман фикр намекунам ин нерӯи сеюм дар эътилофи иттиҳоди мухолифони тоҷик бошад.

Озодӣ: Не, ман инро тасдиқ намекунам. Ман гуфтам — агар ин нерӯи сеюм чунин бишуморад, ки имкониятҳои ӯ бо ёфтани таъсири воқеӣ дар сурати эътилофи он ба опозисюни муттаҳида беҳбуд хоҳад ёфт. То ҷое, ки ман медонам, ин нерӯи сеюмро дар Душанбе ҳам чандон хуш надоранд. Вақте ки ҳеҷ кадоме аз ду нерӯ сеюмро мақбул намешуморад, он маҷбур мегардад бо яке аз онҳо бипайвандад.

И. Каримов: Бале. Вақте ки ду тарафи даргир ва хасми якдигар ба созиш намерасанд, нерӯи сеюм ба саҳна мебарояд. Ин комилан мантиқист. Вале ба таври куллӣ ман бар инам, ки Раҳмоновро зарур аст бо ҷаноби Нурӣ созиш ёбад. Дар бораи ягон қувваи сеюм ростӣ, ман мавод ва маълумоти кофӣ надорам, ки сухан гӯям. Ман масалан, чунин мешуморам, ки агар гуфтушунидҳои сиёсие, ки байни ҷанобон: Нурӣ ва Раҳмонов баргузор мешаванд, натиҷаи хуб диҳанд, агар онҳо ба гузаштҳои дуҷониба иқдом кунанд, ба такрор мегӯям, гузаштҳои дуҷониба, он гоҳ нерӯи сеюм ҳам маҷбур мешавад ин созишро ба эътибор гирад. Созишеро дар байни ду тарафи даргир, ки аз дер боз ҳама интизор доранд. Як тарафро, ман медонам, ҷаноби Нурӣ сардорӣ мекунад ва тарафи дигар ҳукумати расмӣ, ки ба он ҷаноби Раҳмонов сарварӣ мекунад. Ман имрӯз намехоҳам ва далел надорам бигӯям, ки дар ин гуфтушунидҳо ё дар саҳна қувваи сеюм пайдо шудааст ва бояд онро ба назар гирифт. Ман чунин далел надорам».  «Роҳи душвори сулҳ» Мусоҳиб Аркадий Дубнов, 18 сентябри соли 1996, Тошканд.

Саидиброҳим Назар, собиқ мушовири раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ дар яке ду навбати музокирот ширкат карда будааст. Вай дар робита ба он давраҳои музокирот чунин суҳбат кардааст:

«Ман ба ҳайси ёвари Устод дар музокирот ширкат менамудам ва фазои музокирот якранг набуд, ҳар замон тағйир меёфт. Барои мисол дар охири соли 1995 дар музокироти Исломобод фазо он қадар муташанниҷ буд, ки ҳатто тарафайн бо ҳам саломи дуруст накарданд. Ёд дорам, чун Устод ворид шуд вазири фарҳанг барои эҳтиром аз ҷояш бархоста бо Устод салом кард. Фардо тамоми расонаҳо гуфтанд, ки гӯё миёни Устод ва вазир суҳбати пинҳонӣ доир шуда бошад. Вале оҳиста оҳиста фазои нобоварӣ аз миён рафт».

Гердт Дитрих Меррем, намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милал дар Тоҷикистон, ки бо имзояш санади Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллиро мақоми байналмилалӣ бахшидааст, нақши ду кишвари таъсиргузор дар қатъи ҷанг дар Тоҷикистон ва ба сулҳу оштӣ омадани тарафҳоро чунин тавсиф кардааст:

«Ҳама кишварҳои нозир, махсусан – Федератсиони Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ба натиҷа расидан дар музокирот саҳми барозанда дошта, ба ақидаи ман, ҳамкории нағз байни Русия ва Эрон ошкоро ба ҳар ду тарафи тоҷик кӯмак кард, ки дарк кунанд, ҳадафи ниҳоӣ дар хатми буҳрон бояд ин бошад, ки онҳо ба рақобати солим ва сулҳомези сиёсӣ баргарданд, то оромӣ дар кишвар ва сар то сари минтақаи Осиёи Марказӣ таъмин шавад, иқтисодро ба беҳбуд гузорад ва робитаҳои минтақавию байналмилалии солим эҷод шавад. Расидан ба чунин аҳдоф аз ҳама бештар ба фазои сулҳомез ниёз дорад»

Ҳукумат бо ин вуҷуд, ки сари мизи музокирот омаду нишаст, дар ибтидо талош мекард, тавре ҷилва диҳад, ки ин музокирот чизи муҳимме нест. Авзоъ дар кишварро комилан таҳти контрол гирифтааст. Барои ҳамин афродеро барои пеш бурдани музокирот мансуб кард, ки нуфуз надоштанд ва чизеро ҳал карда наметавонистанд. Дар ҳайати ҳукумат Шукурҷон Зуҳуров –раис, Саид Салимов, Иброҳим Усмонов- муовинони раис, Баҳодур Абдуллоев, Амирқул Азимов, Раҳим Ҳошимов, Усмон Холдоров, Толиб Юнусов, Ш. Мирзоев, Э. Ғоибов, Ш. Шарифов аъзои ҳайати музокиракунанда буданд.

Раҳбарияти мухолифин дар аввал Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, муовини аввали раҳбари ИНОТ-ро раиси ҳайат ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода муовини дигари раҳбари ИНОТ-ро муовини раиси ҳайати музокиракунанда интихоб кард. Вале баъдан далел пеш овард, ки чун дар раъси ҳайати ҳукумат нафарҳои аввалу дуввум нестанд, онҳо низ аз ширкат дар гуфтушунидҳо дар ин сатҳ худдорӣ мекунанд ва расман Отахон Латифиро раҳбари ҳайати мухолифин дар ин гуфтушунид таъйин карданд.

Дар ҳайати мухолифин дар даври нахустини гуфтушунидҳо Абдунабӣ Сатторзода, Зайд Саидов, Худойбердӣ Холиқназаров, Ҳабиб Сангинов ва Бозоралӣ Сафаров ба ҳайси аъзо ширкат доштанд. Бояд гуфт, ки Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ҳамон шабу рӯз ба Маскав омада буданд ва ғайрирасмӣ ба кори ҳайати мухолифин раҳбарӣ мекарданд. Даври аввали музокирот дар Маскав ду ҳафта идома дошт. Дар ин байн се гуруҳ масоил мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт. Масоили паноҳандагон, низомӣ ва сиёсӣ. Дар баёнияи муштараке, ки дар хатми ин даври музокирот мунташир шуд, ҷонибҳо иброз доштанд, ки дар оянда гуфтушунидҳоро баҳри ҳаллу фасли ин се масъалаи мушаххас идома хоҳанд дод.

Ҳамин тариқ музокироти Сулҳи байни тоҷикон то рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ, яъне 27 – июни соли 1997 иборат аз 5 давр идома кард. Бо ибораи дигар бигӯем гуфтушуниди сулҳи байни тоҷикон 3 солу 3 моҳу 3 рӯз ё худ 1180 шабонрӯз давом кардааст.

Давраҳои гуногуни музокироти тарафҳо дар Маскав, Теҳрон, Исломобод, Алмаато, Бишкек  ва Ишқобод баргузор шуданд. Бо вуҷуди ҷангу даъвоҳо мавқеи тарафҳо ба тадриҷ наздик мешуд. Ҳайати музокиротии ИНОТ-ро Отахон Латифӣ ва Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, муовини раҳбари “Ҳаракати Наҳзати исломӣ” ва ҷониби режими Душанберо Шукурҷон Зуҳуров, Абумаҷид Достиев, Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Талбак Назаров роҳбарӣ мекарданд. Музокироти тарафҳо то замони имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ идома пайдо кард, ки беш аз се солро дар бар гирифт

Бояд гуфт, ки ҳайатҳои музокиракунада ҳангоми гуфтушунидҳо ҳар боре, ки ба бунбаст мерасиданд, барои во кардани гиреҳи мушкилот роҳбарони ду ҷониби даргир вориди майдони амал мешуданд. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ то ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ 7 маротиба берун аз кишвар дар шаҳрҳои Кобул (май 1995), Теҳрон (июли 1995), қаряи Хустдеҳи Афғонистон (декабри 1996), шаҳрҳои Маскав (декабри 1996), Машҳад (феврали 1997), Бишкек (майи 1997), Маскав (июни 1997) бо ҳам вохӯрданду мулоқот карданд, ки дар натиҷаи ин гуфтушунидҳо роҳи сулҳ ҳамвор мешуд.

Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки бо як иштиёқу алоқа ва бовару эътимод ба кори сулҳу оштӣ машғул шуда буд дар як суҳбат ба пурсиши журналист дар бораи мулоқоти аввалинаш бо Эмомалӣ Раҳмонов чунин мегуяд:

«Ба фикрам, мулоқоти аввалини мо дар Кобул иттифоқ афтода буд. Вақте мо бо якдигар вохӯрдем, намедонам бархӯрду чеҳраи ман чигуна буд. Инро бояд аз президент Раҳмонов пурсид, зеро фикр мекунам, ӯ ин ҳолатро дар хотир дорад, вале чеҳраи ӯ хеле кушода ва хандон буд. Аз ҷояш бархест ва ба истиқболи ман омад ва ҳарду гарм ба сӯи якдигар оғӯш кушодем ва мисли касоне, ки гӯиё аслан ҷанг надошта бошем, аз кору зиндагии хеш пурсон шудем».

Яке аз дидору мулоқотҳои устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо Эмомалӣ Раҳмонов дар Хусдеҳи Афғонистон бо тақозоҳо ва дархости мукаррари Раҳмонов дар 10уми ноябри соли 1996 доир шуд. Дар ин дидор тарафҳо ба хеле аз масоили мубрам аз ҷумла таъсиси Комиссиюни оштии миллӣ тавофуқ ба даст оварданд.

Ба ин тартиб 27 июни соли 1997 дар Президент отели Маскав маросими  имзои Созишномаи умуми сулҳ ва ризоияти миллӣ баргузор шуд, ки дар кори он раиси ҷумҳурии Русия Борис Елсин, устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси ИНОТ, Эмомалӣ Раҳмонов,раиси ҷумҳурӣ Герд Дитрих Меррим, намояндаи вижаи СММ дар умури Тоҷикистон, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ва вузарои хориҷии кишварҳои кафил, намояндаи махсуси Департаменти давлатии Амрико ширкат карданд.

Комиссияи оштии миллӣ чи гуна таъсис ёфт ва чи корҳоро ба сомон расонд?

Комиссияи Оштии Миллӣ, органи муштараке, ки вазифадор буд тамоми асноди Созишномаи Умумии Сулҳро ба ҳаёт татбиқ намояд, расман аз 7- июли соли 1997 дар Маскав оғоз ба кор кардааст. Кори онро Герд Дитрих Меррим, намояндаи вижаи СММ ва Евгенний Примаков, вазири хориҷии Русия ифтитоҳ карданд. Сипас раёсати он бар ӯҳдаи раиси он Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси ҲНИТ гузошта шуд. Ин комиссиюн як ниҳоди муштараки оппозитсион ва неруҳои мухолифин буд, ки 13 нафари аз ҳарду ҷониб аъзо дошт. Таъсиси ин ниҳодро дар оғози раванди музокирот ҷониби мухолифин пешниҳод карда буд, аммо ба он эътино нашуд. Баъдан устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар як баёнияи худ, ки 21 январи соли 1995 пахш шуд, бори дигар бар зарурати таъсиси Шӯрои оштии миллӣ таъкид кардааст. Султони Ҳамад, яке аз муҳаққиқони раванди оштии миллӣ менависад, ки монанд ба ин комиссиюн аз тарафи Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон пешниҳод шуда буд: «Дар ин миён Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, муовини аввали раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, авоили моҳи апрели соли 1995 мулоқоте бо Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон, дар Тошканд анҷом дод. Оқои Каримов он замон пешниҳод кардааст, ки як Анҷумани машваратии халқҳои Тоҷикистон баргузор шавад, ки дар он намояндаҳои тамоми ақшори ҷомеа, ҷамъиятҳои миллӣ, аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятиву динӣ ширкат варзанд ва ба он Форум ё Конгресс барои ҳалли масоили мавҷудаи раванди Сулҳи тоҷикон салоҳиятҳои муайяне дода мешуд.”

Баргузории чунин як Форум – Конгресси машваратии халқҳои Тоҷикистон бо як омодагии ҳамаҷониба, бешубҳа, метавонист дар раванди Сулҳи тоҷикон нақши мусбате бозад. Аз ин рӯ ин пешниҳод аз тарафи мухолифин қобили қабул дониста шуд ва раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин онро дар мулоқоти худ бо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 19 июли соли 1995 дар Теҳрон доир шуд, матраҳ кардааст. Моҳи августи соли 1995 аз ҷониби Сайид Абуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, протокол «Дар бораи усули барқарори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид, ки он аз ҳалли масъалаи Форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон низ ёдовар шудааст. Ин санад ҳамчунин таъсиси «Кумисиюн оид ба мушоҳида ва назорати аз ҳарду тараф риъоя шудани созишномаи умумӣ»-ро дар назар дошт. Дар даври панҷуми музокирот ҷониби мухолифин дар баробари таъсиси Форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон зарурати ташкили Шӯрои Оштии Миллиро бо қотеъият ба миён гузошт. Зеро ба қавли ҷониби иттиҳоди нерӯҳои мухолифин агарчи Форуми машваратӣ доираи васеъе аз аҳли ҷомеъаро ба таҳкими раванди сулҳ ҷалб намояд ҳам, вале тибқи тарҳҳои пешниҳодии ҳарду ҷониб, тасмимоти он ҷанбаи машваратӣ доштанд ва наметавонистанд ҳукми қонунро бигиранд ва бечуну чаро иҷро шаванд. Бино бар ин дар пешниҳодоти иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар бораи ҳалли масоили сиёсӣ омада буд, ки Шӯрои Оштии Миллии доимоамалкунандае иборат аз 60 нафар ташкил карда шавад: 25 нафарӣ аз ҳарду ҷониби даргир ва 10 нафари дигар аз ҳисоби ҷамъиятҳои миллӣ. Тибқи ин пешниҳод раёсати Шӯроро бояд намояндаи ИНОТ ба ӯҳда мегирифт ва дар давраи гузариш, яъне давраи татбиқи Созишноми умумии Сулҳ, Президент ва ин Шӯрои Оштии Миллӣ ҳокимияти олии  ҳам қонунбарор ва ҳам иҷроия ба ҳисоб мерафт. Маҷлиси Олии Тоҷикистон бояд мунҳал мешуд. Вале ҷониби ҳукумат ба ҳеҷ ваҷҳ ба таъсиси Шӯрои Оштии Миллӣ дар кадом шакле, ки набошад, розӣ набуд. Маҳз барои ҳамин ҳам даври панҷуми музокирот яке аз даврҳои хеле ҳам мушкил, пурбаҳсу мунозира ва хеле ҳам тӯлонӣ буд. Он дар се марҳила гузашт ва дар маҷмӯъ 63 рӯз идома дошт. Баъди анҷоми марҳилаи дуюми даври панҷуми музокирот, ки дар масъалаи таъсиси Шӯрои Оштии Миллӣ ба ягон пешрафте ноил нашуд, дар Душанбе иҷлосияи махсуси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар иҷлосия гузориши ҳайати ҳукуматӣ дар гуфтушуниди байни тоҷикон шунида шуд. Аз ҷумла, пешниҳоди мухолифин дар бораи таъсиси як Шӯрои Оштии Миллӣ баҳри аз буҳрони сиёсиву низомӣ баровардани кишвар матраҳ гардид. Вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ишғолкардаи ҳайати ҳукуматиро дар музокироти байни тоҷикон оиди ин масъала дастгирӣ намуданд.

Ин масъала бори дигар ба таври мушаххас танҳо дар мулоқоти севуми раиси ҷумҳурӣ ва раҳбари мухолифон дар моҳи декабри соли 1996 дар шимоли Афғонистон матраҳ шуд. Дар изҳороти муштараки хеш ин ду раҳбар аввалин бор эълон доштанд, ки дар мулоқоти навбатии қарибулвуқӯъи худ дар шаҳри Маскав аз таъсиси Кумисиюни Оштии Миллӣ дарак хоҳанд дод. Ба ин тартиб, дар ҷараёни музокирот нахустин бор аз истилоҳи «Кумисиюни Оштии Миллӣ» ба ҷои «Форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон», «Шӯрои оштии миллӣ» дар асноди тасвибшуда дар Хустдеҳи Афғонистон истифода шудааст. Дере нагузашт, ки 23 декабри соли 1996 дар мулоқоти навбатии худ роҳбарони ду ҷониб Созишномаеро ба тасвиб расонданд, ки дар он аз ҷумла омада буд: «Бо дарназардошти он ки бо имзои ҳамин Созишнома дар роҳи Сулҳ ва ризоияти миллӣ марҳилаи сифатан наве фаро мерасад, қарори сиёсӣ қабул карданд, ки барои ҳамин давраи гузариш Комисияи Оштии Миллӣ таъсис намоянд. Раиси ин кумисиюн намояндаи Иттиҳоди мухолифини тоҷик таъйин мешавад».

Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи худ дар Тоҷикистонро дар  15 сентябри соли 1997 бо ҳузури раиси ҷумуҳурӣ ва намояндаи вижаи Дабири кулли СММ баргузор кард. Донишманди тоҷик Рашид Абдулло дар як навиштааш мегуяд яке аз хидматҳои шоистаи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ин буд, ки дар раъси ин комиссиюн сулҳро дар кишвар татбиқ кард:

«Хизмати басо шоистаи Сайид Абдуллоҳ Нурӣ дар назди Тоҷикистони мустақил – ба ҳайси сарвари Комиссияи оштии миллӣ таъмин намудани татбиқи амалии бахши аксари созишҳои сулҳ буд. Дуруст аст, ки на ҳамаи созишҳо пурра амалӣ гаштанд. Вале он ҳам дуруст аст, ки ба шарофати ҳатто нопурра амалӣ гаштани созишҳои сулҳ якпорчагии Тоҷикистон барқарор ёфт ва хатари аз байн рафтани ҷумҳурӣ ҳамчун як давлати мустақил бартараф карда шуд. Ин чунин маъно дорад, ки Тоҷикистони имрӯза, аз ҷумла, самараи кӯшишу талошҳои Сайид Абдуллоҳи Нурӣ низ мебошад. Яке аз хидматҳои асосии Сайид Абдуллоҳи Нуриро барои Тоҷикистони мустақил равост ба ҷумҳурӣ ва ҷомеъаи он ба мерос мондани худи “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” донист. Бояд гуфт, ки гарчанде ҳизб ҳоло тирамоҳи соли 1991 таъсис ёфта бошад ҳам, маҳз аз бозе, ки худи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ сарвари расмии он интихоб гашт, раванди табдил ёфтани он ба як муассисаи сиёсии шаҳрвандие, ки дар шароити нави дур аз муқовимати мусаллаҳона амал карда метавониста бошад, такони тавоно гирифт».

Аммо бо ин ҳама назарҳо дар мавриди фаъолияти Комиссиюни оштии миллии Тоҷикистон дар ҷомеаи кишвар мутафовит аст..

Барои онки роҷеъ ба фаъолияти КОМ маълумоти бештар дар ихтиёратон қарор бигирад ду назареро аз як гузориши радиои «Озодӣ» дар солҳои пеш инҷо айнан меоварем:

Иброҳими Усмон, устоди донишгоҳ ва узви КОМ, бар ин назар аст ки Комиссиюни оштии милли аз нуқтаи назари ислоҳоти ҳукумат ва татбиқи ҳамдигарбахшӣ рисолати худро пурра иҷро кард: «рисолати он ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои гузаронидани интихобот буд. Интихоботе, ки тарафҳо дар он иштирок кунанд. Ва ба ин мақсад имкон фароҳам кардан барои иштироки мухолифон дар ҳукумат, яъне ислоҳоти ҳукумат ва таҳияи қонунҳои интихобот ва Қонуни асосӣ ва татбиқи ҳамдигарбахшӣ. Агар аз ҳамин нуқтаи назар наздик шавем, КОМ рисолати худро пурра иҷро кард. Зеро қонунҳо таҳия ва қабул ва интихобот баргузор шуд ва ислоҳоти сифоиза ҳам ба шакле баргузор шуд. Аммо агар манзур баргузор кардани ислоҳот дар ҳамаи бахшҳои Тоҷикистон бошад, чунин нашуд».

Аммо Ҷалолиддин Маҳмудов, ҳамраиси Комиссиюни муштараки назорат бар оташбас аз сӯи мухолифин, ки баъдан ба гурӯҳи кори КОМ табдил шуд, мегӯяд, фикр намекунад ҳамаи таваққуъоте, ки аз ин комиссиюн вуҷуд дошт, бароварда шуда бошад.

«аъзои КОМ аз тарафи ҳукумат бо кӯмаки ҳукумат, талош кардан ҳама мавзуъҳои мавриди назари худро ҳал карданд, вале он чӣ ки орзуву омоли мухолифон буд, ҳамааш ҷомаи амал напӯшид. Сифоиза татбиқ нашуд, вазоратҳои қаблан ваъдагӣ дода нашуд, агар якнафар пешниҳод мешуд ва ба ҳукумат маъқул намеомад, мегуфтанд каси мавриди назари ҳукуматро пешниҳод кунед. Мухолифон медонистанд, ки агар пофишорӣ кунанд, ҳукумат тан хоҳад дод, аммо фурсат аз даст мерафт ва ин ба нафъи кор набуд. Вале аз ҳама муҳим сулҳ таъмин шуд».

11 сентябри соли 1997 ҳайати баландпояи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик дар раъси Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баъди ҳиҷрати панҷсола аз Теҳрон ба Душанбе бозгашт. Яке аз тавофуқоти ба даст омада дар ин сулҳ таъсиси “Комиссиюни оштии миллии Тоҷикистон” -ниҳоди муштараки давлат ва мухолифин барои татбиқ ва назорати иҷрои раванди сулҳ дар марҳала гузариш, ки барои ду сол пешбинӣ шуда буд. Ин кор аз тарафи устод Нурӣ ва муовини ӯ Абдумаҷид Достиев, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва аъзои ин комиссиюн ба хубӣ ба иҷро расид. Ва, ҳукумат ва мухолифин ба шумули ҲНИТ дигар дар мудирияти кишвар муштарак фаъолият пеш мебурданд.

Поёни бахши севвуми Давраи севвум ва ин давра ба охир расид мегузарем ба давраи чаҳорум, бо “Ислоҳ” бошед ва аз он давраҳо низ ба хубӣ огоҳи пайдо намоед!

Сообщение ҲНИТ, ним қарни пурталотум №3\3   появились сначала на ISLOH.net.

Э.Раҳмонов барои об ООН рафт
Эмомалӣ Раҳмонов дар ҳоле ҷиҳати ширкат дар конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид вориди Ню-Йорк мешавад, ки ҳам СММ ва ҳам Амрико Тоҷикистонро як кишвари баста, ноқизи ҳуқуқи башар ва Раҳмоновро ба ҳайси як роҳбари худкома ва диктотур мешиносанд.

Дар тамоми арзёбиҳо ва раддабандиҳои байналмилалӣ Тоҷикистон дар зинаҳои пасттарин ҷойгоҳ дорад.

Баъди куштори бераҳмонаи исмоилиёни бадахшӣ-ақалиятҳои мазҳабии Тоҷикистон дар баҳору тобистони соли гузашта, (Раҳмонов эълон кард, ки бо дастури махсуси худи вай помириҳоро куштанд) ва боздошту зиндонӣ кардани чандин нафар аз журналистони тоҷик рӯи сиёҳи Раҳмонов боз ҳам сиёҳтар шуд. СММ ва Амрико ва дигар созмонҳои мудефи ҳуқуқи башар на як бору ду бор ин аъмоли ҷинояткоронаи Раҳмоновро ба шиддат интиқод карда раҳоии журналистони зиндонӣ ва таҳқиқи мунсифонаи ҳаводиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро тақозо карданд. Бо ин ҳол, ин диктотури беору беномус, пусти хукро ба сару сураташ кашида вориди Амрико шудааст, то дар конфронси об ширкат кунад. Ва бо ҳамин афту башара;-калаи мисли калаи хук чорпара, гардани мисли гардани барзагови ҷуфтӣ ғафс, рӯҳои мисли рафидаи нонпазии кампирҳои Кангурт, чашмони руғангирифта ва ҷабини пургӯшти як бор ҳам ба саҷда заминнодида рӯи минбар мебарояду шурӯъ мекунад аз «ибтикороту пешниҳодҳои Тоҷикистон барои ҳифзи пиряхҳо, оби тоза» ва ғайра. Ва, боз дасти гадоӣ пеш меандозад, ки барои ҳифзи пиряхҳо бояд харҷ кард, аммо Тоҷикистон имконият надорад.

Албатта, дар инҷо аз Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат хабаре нест. Ин тавр муаррифӣ намекунанд. Наҷотбахши сайёра ҳам намегуянд. Аз обшавии босуръати пиряхҳо мегуяд ва аз паёмади он ва беоб мондани минтақа мегуяд. Гуиё ҳоло дар Тоҷикистон масъалаи дастрасӣ ба оби тозаву обёрии мазореъ ҳал шуда бошад. Вале мову шумо хуб медонем, ки ҳатто дар маҳаллаҳое дар пойтахт сокинони оби харида мехуранд. Як систерна обро, ки шояд 10-12 тонна об дорад бар ивази фалон сомонӣ мехаранд ва мошини обфурӯш-водовоз ҳафтае ду бор меояду пур мекунад. Ҳазорон гектар заминҳои аз давраи шӯравӣ тавассути пойгоҳҳои обрасонӣ-нассосҳо обёрӣ шуда хушкидаву дигарбора лалмӣ шудаанд. Дар қатортеппаҳои ноҳияи Файзобод нигаред, ки садҳо гектар дарахтони себу амруду биҳӣ аз норасоии об хушкидаву ба ҳезум бадал мешаванд. Аз бе обиҳои мантиқи Хатлон ва Кулобу Данғара чизе намегуем.

«Барои Раҳмонов муҳим ҳалли мушкили мавҷуда нест, барои Раҳмонов муҳим «воҳима» кардану реклама шудан ва аз «ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат» гуфтану дастгирӣ ёфтани онҳо дар сатҳи СММ аст.»

Сафари Раҳмонов ба Амрико дар шабурӯзҳое иттифоқ меафтад, ки Додгоҳи байналмилалии Гаага ҳукми боздошти Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русияро барои содир кардани силсилаҷиноёти ҷангӣ дар Украина содир ва ӯро таҳти  пайгарди байналмилалӣ қарор додааст. Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки як чунин сарнавишт дер ё зуд болои Раҳмонов ҳам такрор хоҳад шуд ва Раҳмонов барои иртикоби ҷароими зиддибашарии дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва ахиран куштори ақалиятҳои миллӣ дар Бадахшон содиркардааш ба муҳокимаи додгоҳи мазкур кашида хоҳад шуд.

«Аммо нуктае дигар, ки дар пасманзари ин сафари Раҳмонов ба Амрико мешавад алоҳида тазаккур кард ин аст, ки Раҳмонов дар ин авохир даст ба бозиҳое зада истодааст, ки Русияро «раздражат» карда истодааст. Русияе, ки Раҳмоновро сари қудрат оварда ва то ба имрӯз дар ҳифзу ҳимояти он на фақат яроқу аслиҳа додааст, балки ҷони асокиру афсаронашро низ қурбон кардааст.»

Доираҳои муайяне дар раҳбарияти Русия аз «бозиҳо»-и ахири вай ба шиддат изҳори нигаронӣ карда ва бар сиёсати «дарҳои боз»-у «чандсамтӣ»-и вай бо тардиди калон менигаранд. Баргузории размоиши тобистони соли гузаштаи Раҳмонов дар Тоҷикистон бо ҳузури низомиён, генерал ва афсару сарбозони амрикоӣ ҳанӯз ҳамон вақт аз тарафи мақомоти аршади Русия вокуниши сахт гирифта буд. Аз ҷумла Николай Патрушев, котиби Шӯрои амният ва бархе дигар аз мақомоти Русия ин кори Раҳмоновро як навъ «хиёнат» ба манофеи Русия талаққӣ карданд. Русҳо ошкоро эътироз карданд, ки Раҳмонов бо вуруди низомиёни амрикоӣ минтақаи таҳти нуфузи онҳо шароит ва имконият дод, то хадамоти кашфу ҷосусии Амрико ба вазъу шароити ҷойгиршавии қувваҳои узви ОДКБ-Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ, ки Русия дар он нақши меҳварӣ дорад тасаллут пайдо кунад. Ин размоиш таҳти унвони «Ҳамкории минтақаӣ-2022» таҳти фармондеҳии генералҳои амрикоӣ доир гардида буд. Ҳамин шабурӯзҳо дар расонаҳои русӣ аз ин гуна бозиҳои Раҳмонов, ки қасд дорад аз Амрико силоҳу муҳиммот бихарад ва бо доираҳои муайяни кишварҳои урупоӣ тарҳҳоеро ба иҷро бигузорад, ки зидди, ба гуфтаи онҳо манофеи Русия аст, матолиб ба нашр мерасонанд. Русҳо ҳамчунин аз онки Раҳмонов қасд дорад, дар сохтмони неругоҳи Роғун аз сармояи Амрико истифода кунад, сахт нохушанд. Зеро дар чанд соли пеш буд, ки Раҳмонов РусАл- ширкати наздик ба худи Путинро аз ширкат дар ин тарҳ маҳрум карда ва кафшҳои онҳоро пеш гузошт ва бадтар аз ин эълон карда буд, ки Роғун моликияти истисноии давлат аст ва бо сармояи худӣ бунёд хоҳад шуд вале ҳоло маълум мешавад, ки онро ба амрикоӣ ҳам пешниҳод кардааст. Ҳамчунин барои русҳо мавқеи Раҳмонов дар қиболи Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуди хурдӣ бисёр ҳам суолангез шудааст. Зеро Раҳмонов ба тадриҷ ҳамон барномаи амрикоиҳоро, ки ҷанги миёни Толибон ва Ҷабҳаи муқовиматро роҳи ҳал намеҳисобанд, дастгирӣ карда ва амалан роҳбарони Ҷабҳаи муқовиматро дар Душанбе амалан гаравгон гирифта ва дар идомаи муборизаи онҳо  проблема дуруст карда истодааст. На инки Ҷабҳаи муқовимат аз тарафи Раҳмонов дастгирӣ меёбад, балки онҳоро мунзавӣ карда ва дар амри муқовимати онҳо мониа эҷод карда истодааст.

Сафари Раҳмонов ба Амрико ва раёсати вай дар конфронси оби СММ барои русҳо аз он ҷиҳат изтиробангез аст, ки ахиран Амрико ошкоро эълон кард, ки бо таваҷҷӯҳ ба сари қудрат омадани Толибон дар  Афғонистон, ҳузури ДОИШ-у Ал-Қоида дар онҷо дар минтақаи Осиёи Марказӣ шикананда аст ва ин кишварҳоро зарур аст бо силоҳу таҷҳизоти мудерни низомӣ муҷаҳҳаз бишаванд. Доналд Лу ёвари Котиби давлатии Амрико дар як суханронӣ дар Конгураи Амрко дар рӯзи 9 март гуфт, ки кишварҳои Осиёи марказӣ омодаанд, ки бо Амрико дар умури низомӣ ҳамкории бештар ба роҳ монда ва аз силоҳашу таҷҳизоти ҷангии амрикоӣ харидорӣ намоянд. Ёвари Котиби давлатии Амрико ошкоро ишорат крад, ки феълан Русия дар ҳолаи заъфи низомӣ қарор дорад вале таҳдидҳои террористӣ ин кишварҳоро ногузир мекунад, ки силоҳҳои пешрафта дошта бошанд.

«Бидуни шак, аз ин сафари Раҳмонов ва бахусус, ки агар бо хатми ҷаласаи об Раҳмонов ба Урупо ҳам биравад, русҳоро дар нисбати вай бештар машкук хоҳад кард. Аз ин ҷо аст ки онҳо арқоми кумакҳои низомии урупоиҳо ба Раҳмоновро ҳам тазаккур додаанд, ки тайи ин муддат ба маблағи 330 миллион доллар ройгон силоҳу муҳиммот ва мошину абзори ҳарбӣ дастрас кардаанд.»

Яке аз дигар бозиҳои «геосиёсӣ»-и Раҳмонов ба гуфтаи коршиносони рус ин аст ки вай амдан байни Пекин ва Маскав мухолафат ва низоъ эҷод карда истодааст, ки дар ниҳояти амр ба «хазони умри одамхудо»— «осень патриарха»и Габриэль Гарисиа Маркес оварда мерасонад. Дар воқеъ Чин ва ҳузури аз ҳад зиёди вай дар Тоҷикистон русҳоро хеле ҳам девона кардааст. Ба гуфтаи русҳо Раҳмонов қасд дорад дар конфликти марзӣ бо ҷониби қирғиз пуштибонии Хитойро бо  вогузории конҳо-маъданҳои пуразише мисли тиллову қалъагӣ, сурмаву симоб ба даст оварда ва чуноне гуфтем обрӯи ОДКБ-ро, ки Русия  неруи меҳварии он аст бирезонад ва   аз бозӣ берун андозад.

Раҳмонов бар хилофи хоҳишоти Путин ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё –Евразес напайваст. Пайвастани он ба лашкари 3 миллионии муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳадди ақал 2 миллиард доллар танҳо аз ҳисоби озодшавӣ аз пардохти маблағ барои муҷаввизи кор (патент) даромад меоварад. Русҳо инро ҳам ба хубӣ медонанд, ки ин Хитой ва муомилоту тиҷорат бо вай аст, ки Тоҷикистон аз узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ( ИИАО)  сарфи назар карда истодааст. Вале аз ин муомилоту тиҷорат бо Хитой асосан Раҳмонов ва домодҳои вай манфиати миллирад долларӣ бурда истодаанд, на мардум.

Русҳо дар андешаи онанд, ки роҳбарияти ин кишвар то дер ношуда дар пайи тағйироти кардиналӣ дар ин кишвари таҳти нуфузашон бишавад. Вагарна Толибон имкон дорад баҳору тобистони доғеро дар ин сарҳадоти ба истилоҳ ҷанубии СНГ барои Русия ба армуғон оварад ва баъид нест, ки ячейкаҳои ғунуда (спяший)-и онҳо дар худи Душанбе низ даст ба «иқдом»-ҳое бизананд, ки дигар барои Русия танҳо нақши тамошочӣ будан бирасаду тамом. Бад-ин хотир намешавад гуфт, ки сафари Раҳмонов ба Амрико ва агар Лондону Олмон ҳам дар доирааш бошад, танҳо иборат аз таблиғ нест. Раҳмонов, албатта дар Лондон дар ин бизнес-форум ширкат хоҳад кард ва шояд асноде ҳам имзо бишавад. Онҷо албатта дар хонаи Рухшонаи духтараш, ки сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир ҳаст меҳмон мешавад, набераҳояшро хабар мегирад, сияалаф пухта медиҳад, Шамсуллоро ҳам мебинад ва шояд дар Олмон бо Ҷамолиддин Нуралиев, домоди фирориаш ҳам дидору мулоқот кунад ва аз вазъи суратҳисобҳои оффшории дар ҷазоири Вирҷиниё ҳам хабар бигирад, вале нақшаҳое дигар ҳам дорад. Масалан боз евробондҳо мефурӯшад ва ҳамин тавр Роғунро пеш аз онки як манбаи даромад бишавад, то гӯшҳо даруни қарз ғутавар мекунад.

Аммо дар ҳақиқат Раҳмонов «сафар»-ро сахт дӯст медорад. Бовар накунед ТВ-ҳои Тоҷикистонро баъди бозгашти Раҳмонов тамошо кунед, ки чи тавр барномаҳо нашру пахш мекунанд.

Яъне барои Раҳмонов «сафар» бошад шуд. Баҳона мешавад барои пахши барномаҳо дар ТВ-ҳо ва хабару матолиб дар Ҷумҳурияту Садои мардуму МИТ-Ховар.

Нигоҳ кунед,ки Ховар чи менависад:

ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат якчанд бинои таъйиноти гуногунро ифтитоҳ карда, ба бунёди дигар иншооти дорои аҳамияти стратегӣ оғоз бахшиданд.

Аз ҷумла, дар доираи сафари кории Президенти мамлакат дар шаҳри Душанбе Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Мактаби ҷаҳон”, Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Сино мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои оғози навсозии роҳ аз хиёбони Саъдӣ Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ санги асос гузоштанд.

Яъне Раҳмонов ба Душанбе «сафари корӣ» анҷом додааст? Сафари корӣ…

Ҳоло, ки Раҳмонов ба ООН меравад, ба Лондон меравад,ба Олмон меравад ва бо чи натиҷаву бо чи дастоварде бармегардад муҳим нест. Муҳим ин аст ки вай «сафар» мекунад …..

Хонандаи гиромии «Ислоҳ» мо ин сафари пешвои оиларо ҳатман дунбол менамоем ва ҳатман нукоти ҷолиби ин сафарро тақдими шумо хоҳем кард. Қабл аз сафар ё дар оғози он чизе гуфтан хоссатан дар мавриди Раҳмонови бозгӯй ношаванда сахт аст. Медонед ӯ дар як соат шаш тараф имкони давр хурдану печидан дорад. Ҳатман пас аз он ҳама печу тобхуриҳояш беҳтар метавонем онро тақдим намоем.

Сообщение Э.Раҳмонов барои об ООН рафт появились сначала на ISLOH.net.

Сулҳ бо ривояти дигар. Баъди чаҳоряк аср №3
Нақши миёнаравҳои сулҳ

(бахши севвум )

Агарчи аксарият бар ин назаранд, ки сулҳу оштӣ миёни тарафҳои ҷанги дохилӣ кори дасти худи тоҷикон буд, аммо нақши босазо ва муассири созмонҳо ва давлатҳо дар ба ҳам омадану оштӣ кардани тоҷиконро наметавон ба таври алоҳида таъкид накард.

Созмони Милали Муттаҳид ба унвони сарпараст ва масъули раванди дастёбӣ ба сулҳ, Русия ва Эрон дар мақоми ду кишвари умдаи пуштибон ва муассир болои тарафҳои ҷанг ва сулҳи тоҷикон: Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик миёнаравҳои асосӣ дар хатми ҷанги панҷсола ва расидан ба сулҳу оштӣ ба шумор мераванд. Дар радифи СММ ҳамчунин Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфаронси исломӣ ва кишварҳои Покистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ҳамроҳ бо Русия ва Эрон дар баргузории раванди гуфтушуниди тарафҳои даргири тоҷикон, мулоқоти роҳбарони ҳарду тарафи ҷанг ва сулҳ нақш ва саҳми худро бедареғ гузоштанд. Аммо СММ, Русия ва Эрон нақши умда ва асосӣ бозидаанд.

Бахусус Русия, ки на фақат дар қатъи ҷангу расидан ба сулҳ, ба шуруъи ин ҷанг ва нооромиҳо дар Тоҷикистон ошкоро дахолат ва таъсир кардааст.

Нақши Русия дар сулҳи Тоҷикон

«Пуштибонии Русия буд, ки Ҳукумати Муросои Миллӣ дар Тоҷикистон аз байн бурда шуда Эмомалӣ Раҳмонов савори тонку тупҳо ва дар сари китф Калашникови русӣ вориди Душанбе шуд ва оташи ҷанги шаҳрвандӣ ҷанубу марказ ва шарқи кишварро фаро гирифт, садҳо ҳазор тоҷикистонӣ овораву гуреза шуда қисмате рудхонаи Омуро гузашту рафт ба Афғонистон.»

Аз инҷо буд, ки вақте масъалаи гуфтушунид ва музокира доғ шуд, Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон эълон кард, ки тарафи музокироти вай Русия аст, на ҳукумати дастнишондаи вай, ки ҳеҷ салоҳият ва ихтиёроте надорад. Аммо Русия, ки гуфтем нақши меҳварӣ, марказӣ ва асосиро бозидааст, дар оғоз қатъан намехост ва розӣ набуд, ки оппозитсиюни исломии тоҷик дигар сар боло кунад, вуҷуд дошта бошад. Бомбборони водии Қаротегин, ҳадафи тири тупхона қарор додани кампҳои муҳоҷирини тоҷик дар Афғонистон, кумакҳои ҳангуфти низомиву молиявӣ ва пуштибонии байналмилалии режими Душанбе мавқеи Русияро боз ҳам бештар рушан карда буд. Аммо ҳамла ба посгоҳи 12-ум дар Сари ғори Шурообод дар июли соли 1993 ва ба хоку туроб бадал кардани он ба сари махмурони «Руская водка» дар Кремлин сатли оби сард рехт.

«Евгений Примаков, раиси Идораи истихборот ва ё кашфи хориҷии Русия билодиранг омад пеши устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба Афғонистон ва гуфт, ки мо дар шинохти шумо саҳв кардем. Ин ҳақи шумост, ки ба ватан баргардед ва мо ҳатман мусоидат мекунем. Аммо бо сарҳадчиёни мо даргир нашавед.»

Русия ба вузуҳ пай бурд, ки муртакиби иштибоҳи сахт шудааст. Имкони нооромиву ноамнӣ на танҳо Тоҷикистон шояд ҳам тамоми минтақаи Осиёи Марказиро фаро бигирад. Вазорати хориҷи Русия муваззаф шуд, ки ҳарчи зудтар пеши ин таҳдид гирифта бишавад ва дар сатҳи дастгоҳи раиси ҷумҳурӣ ҳам як ниҳоду мақоми вижа барои ташкили музокироти тарафҳои даргири тоҷиконро таъсис дод.

«Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, қоиммақоми раиси Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик ва раҳбари ҳайати  гуфтушуниди тоҷикон аз тарафи оппозитсион мегуяд он замон ба  Анатолий Адамишин, муовини аввали вазири хориҷии Русия гуфтам: « шумо роҳи бозгашти мо ба ватанамонро нишон диҳед, ки бо сарбозони шумо сарбасар ношуда дохил шавем»

«Ҳамла ба посгоҳи 12 воқеъан як такони сахте ба Русия буд. Сабаби асосии сафари Адамишин ба Теҳрон ҳамин буд ва вақте дар сафорати Русия дар Теҳрон бо ӯ ва сафири Русия дар Эрон мулоқот кардем, хоҳиши онҳо ин буд, ки барои дастёфт ба ҳадафои худ бояд ба марзбонони рус нарасем. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки хуб, пас ба мо роҳашро нишон диҳед. Мо намехоҳем, ки фоҷиаи солҳои бистум такрор шавад. Вақте ки болшевикҳо ба Осиёи Миёна ҳуҷум карданду Бухоро, Самарқанд ва ин минтақаро гирифтанд, зиёда аз миллион нафар аз миллати мо ба Афғонистон фирор кард ва бо ҳамин дар Афғонистон боқӣ монду як қисматаш ба дигар кишварҳо рафтанд, ба Арабистон ва дигар мамолик ва дигар барнагаштанд. Ба онҳо гуфтам, мо намехоҳем, ин ҳолат такрор шавад, мо ҳатман ба ватанамон бармегардем.»

«Ва, ҳамин тавр Русия нахустин нишасти ҳайатҳои музокиротии тарафҳои ҷанги тоҷиконро дар яке аз меҳмонхонаҳои вазорати хориҷии ин кишвар дар Маскав мизбонӣ кард. Ин нишаст моҳи апрели соли 1994 баргузор шуд ва оғози раванди гуфтугӯи сулҳи тарафҳои мутахосими тоҷикиро бино гузошт. Тайи беш аз се соли музокирот, то рӯзи баргузории маросими имзои санади Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар Президент –оттели Маскав дар 27 июни соли 1997 бо ҳузури Борис Елтсин, раиси ҷумҳурии ин кишвар сурат гирифт, Русия пайваста дар ин маҷро ширкат ва дар пушти режими Душанбе қарор дошт.»

Ҳоқӣ Акбар Тураҷонзода мегуяд вақте сари мизи музокирот нишастему Андрей Козирев, вазири хориҷи онрӯзаи Русия омаду бо тарафи музокиротии режими Душанбе салом карду бо як шамотату вақоҳат суҳбат кард, ки ҳузури мо ва вуҷуди мо ба инобат гирифта нашуд, баргаштаму гуфтамаш, ки «ҷаноби вазир, мо инҷо барои шунидани мавъиза (проповед)-и шумо наёмадаем ва шумо ба ҳайси мизбон барои ин беэҳтиромӣ то аз мо маъзарат нахоҳед, нишастан сари ин мизро муносиб намедонем».

Баъд аз се рӯз Козирев расман узр мепурсад ва музокироти тарафҳо идома меёбад.

Аммо, бо ин ҳама афту дарафту задухурдҳо ва бо ин ҳама пуштибонии ошкоро аз Раҳмонов Русия наметавонист, ки раванди сулҳ дар Тоҷикистонро ба дарозо бикашад. Бахусус, ки Афғонистону роҳбарияти он, Покистон, бархе аз кишварҳои арабӣ ва махсусан Эрон пушти оппозитсиони тоҷикро холӣ нагузоштанд. Русия то пойи ҷон аз неруҳои исломӣ дар ҳарос буд, чун дар Чеченистон низ маҳз бо айни ҳамин неруҳо дар ҳолати ҷанг қарор дошт. Ниҳоят Русия розӣ шуд ва Раҳмоновро ҳам водор кард, ки бо устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ на танҳо оштӣ кунад ва бо онҳо ҳукуматро тақсим созад.

Евгенний Примаков, ки дар замони имзои санади сулҳ дар Маскав дар мақоми вазири хориҷӣ фаъолият мекард, дасти устоди шаҳид Нуриро мегираду мегуяд, ки мо бо шумо хишти аввали сулҳро дар Афғонистон гузошта будем, инак дар инҷо хишти охири онро мегузорем. Ва, Борис Елтсин, раиси ҷумҳурии Русия дар маросими имзои санади Сулҳ суханронӣ ва сипас дастони устодон Сайид Абудллоҳи Нурӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзодаро фишурда бо Эмомалӣ Раҳмонов қадаҳ бардошта барояшон дар амри истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барор хост.

Нақши Эрон дар сулҳи Тоҷикон

«Эрон барои барқарории сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон нақши камтар аз Русияро набозидааст. Агар даври аввали гуфтушуниди тарафҳо дар Маскав ба ҷараёни музокироти сулҳ оғоз бахшид, даври дуввуми он дар Теҳрон бо нахустин санади пешгирандаи идомаи ҷанг-Созишнома дар бораи рияоти оташбас ба имзо расид. Яке дигар аз иқдомоти муассир, ки барои эътимоди тарафҳо мусоидат кард, ин табдили асирони ҷангии ҳукумат бо зиндониёни тарафдори оппозитсион буд, ки ба маҳзи талошҳои Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, сафири онрӯзаи Эрон дар шаҳри Хоруғ сурат гирифт.»

Аммо, Эрон ба тафовут аз Русия, агарчи роҳбарони оппозитсионро манзили зист додаву ҳама харҷу масорифи онҳоро бар уҳда дошт, бо тарафҳои сулҳу тоҷикон муносибати яксону якхела мекард, ки холисона ва беребу риё буд. Албатта, тарафи ҳукумат ба талошҳои Эрон барои расидан ба сулҳ бо шубҳа менигарист ва беш аз ин Эронро ба тарфдории оппозитсион муттаҳам мекард. Аммо Эрон ҳам ба унвони як кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг ва ҳам ба унвони як кишвари исломӣ тараферо худӣ ва тараферо душман намеҳисобид. Эрон, бо онки ба мақомоти сиёсии оппозитсион ҳама шарту шароитро фароҳам оварда буд, ҳамзамон онҳоро ташвиқ мекард, ки ҳарчи зудтар сулҳ кунанд. Ба унвони як бародар ва як дусти холис муносибат ва нияти холисона дошт. Дар Эрон ду мулоқоти роҳбарони тарафҳо устоди равоншод Нурӣ ва Раҳмонов доир шуд, ки дар яке аз онҳо дар Машҳад дар моҳи феврали соли 1997 нақшу мақом ва ҳайати Комиссияи оштии миллӣ муайян гардид. Вале ин возеҳ буд, ки Эрон ба ҳайси як кишвари исломӣ аз кумак ва ёриҳои башарӣ ба муҳоҷирони дар вазъи асафбор қарор гирифтаи тоҷик дар Афғонистон ҳеҷ чизеро дареғ нахоҳад дошт ва Эрон ҳамчуноне, ки нахустин шуда истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро шинохт ва нахустин сафорати хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳам аз Эрон буд аввалин кумакҳо ба гурезаҳои тоҷикро дар кампҳои Мазори шарифу Тахору Кундуз расонд. Эрон ба маҳзи эҳёи сулҳ ва қатъи ҷангу хунрезӣ дар Тоҷикистон, агарчи бо Амрико дар ҳоли хусумати шадид қарор дорад, шароит ва имконият фароҳам овард, ки роҳбарони оппозитсиони тоҷик бо мақомот ва сиёсатмадорони ин кишвар дидору мулоқотҳо дошта бошанд. Пуштибонии сиёсии Эрон буд, ки роҳбарони оппозитсион аз сӯи давлатҳои дигар бо як шоистагии  тамом истиқбол ва бадрақа мешуданд.

Кишварҳои дигаре ба мисли Покистону Афғонистон, Туркманистону Қазоқистон, Қирғизистону Узбакистон ҳам ба унвони кишварҳои кафил ва нозири сулҳ дар он солҳои барои давлату миллати тоҷик мушкил кумакҳои зиёде кардаанд. Талошҳои устоди шаҳид Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳури Давлати исломии Афғонистон дар амри дастёбӣ ба сулҳ дар Тоҷикистон беназир аст. Дар яке аз суҳбатҳояш бо матбуот устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ таъйид мекунад, ки ин суҳбатҳо ва машваратҳои устод Раббонӣ буд, ки ӯ розӣ ба мулоқот бо Раҳмонов шуд. Барои ҳамин Афғонистон ва роҳбарияти он ба шумули шаҳид ва қаҳрамони миллӣ Аҳмадшоҳи Масъуд нақши муассире дар оштии миллии тоҷон доранд. Алиакбар Ҳошими Рафсанҷонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, Сафармурод Ниёзов, раиси ҷумҳурии Туркманистон, Аскар Акаев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон ҳар кадоме саҳм ва ҳиссаи худро дар барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон гузоридаанд. Барои мисол Аскар Акаев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, ки аз қазо дар он шабурӯзҳое, ки гуфтушуниди навбатии тарафҳо дар Бишкек сурат мегирифт, модараш гузашта шуд вале як лаҳза аз канори роҳбарони ҳарду тараф дур нашуд ва онҳоро тавонист мутақоид бикунад, ки зери яке аз муҳимтарин аснод -Протоколи сиёсӣ имзо кунанд.

Нақши Созмони Милали Муттаҳид дар сулҳи Тоҷикон

Аммо,ҳамчуноне дар дебочаи ин навишта таъкид намудем ин Созмони милали Муттаҳид буд, ки сарпарастии тамоми маҷрои сулҳи тоҷиконро, ки аз апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 идома дошт, бар уҳда гирифт ва дар ин роҳ чанд нафар аз кормандонашро ҳам қурбонӣ дод. СММ ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам аз лиҳози низомӣ-бо эъзоми ҳайати нозирони низомиаш ин равандро аз оғоз то ба анҷом ба субут расонд, балки бештар аз он бо таъсиси Дафтари мусоидат дар сулҳ то даҳ соли дигари баъд аз тасвиби сулҳ дар раванди эҳёи баъдиҷангӣ ҳам саҳм бигзорад. Фиристодаҳои вижаи СММ мисли моку миёни роҳбарони ҳарду тараф,гоҳ Душанбе, гоҳ Кобул, гоҳ Маскав, гоҳ Теҳрон равуо мекарданд, то аснодро,мавқеъҳоро, пешниҳодҳоро баҳсу баррасӣ  ва ҳамоҳанг кунанд. Дар воқеъ барои фиристодаҳои ин марҷаъи муътабари байналмилалӣ кор бо тарафҳои мутахосими ҷанг осону сода набуд. Гоҳе аз болои фиристодаҳои онҳо ба мақомоти болоӣ шикоят ҳам мекарданд, ки тарафи дигарро мегирад.

Ба навиштаи Абдулмаҷид Достиев Исмат Киттонӣ нахустин фиристодаи вижаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид барои музокироти тоҷикҳо барои он аз ин масъулият канор гузошта шуд, ки аз болои вай ба Ливиу Ботта роҳбари намояндагии СММ дар Тоҷикистон аз номи ҳукумат шикоят карданд. Достиев менависад Исмат Китонии урдунӣ дар як суҳбати расмӣ бо ӯ  аз бартариҳои дини ислом гуфта ва изҳори афсус кардааст, ки «ҳукумати нав усули дини исломро риоят намекунад, вай аз комунистҳо ва тоҷикҳои русгаро таркиб ёфтааст ва дар Тоҷикистон мусалмонҳо таҳти таъқибанд».

Ҳар яке аз фиристодаҳои вижаи СММ барои музокироти тарафҳои сулҳи тоҷикон, Исмат Китонӣ, Рамиро Перес Балон, Иво Петров, Ян Кубиш, Герд Дитрих Меррим ва Вадим Сотиров хадамоти пурарзише кардаанд, ки слуҳ субот дар Тоҷикистон барқарор бишавад. Имзои ҳар яке аз инҳо зери санадҳои сулҳи тоҷикон ба ин аснод ҳукми қонунӣ ва мақоми ҳуқуқӣ додааст.

Вадим Горяев, мушовири намояндагаи вижа Дабири кулли СММ дар раванди гуфтушуниди сулҳи тоҷикон, дипломати укроинӣ, ки аз оғоз то анҷом дар ин раванд ширкат доштааст бо ёдоварӣ аз заҳамоташон дар амри оштии тарафҳо мегуяд, ки онҳо танҳо муваффақ шуданд, ки тарафҳои моил ба оштиро ниҳоят оштӣ диҳанд: «Мо ба ҳама нерӯҳои сиёсии қобили таваҷҷуҳ, ки дар дохил ё беруни Тоҷикистон буданд, машваратҳо доштем. Давлати Тоҷикистонро раҳбар ва аъзои ҳукумати ӯ муаррифӣ мекард, аз суи дигар, мо бо намояндагони созмони “Лаъли Бадахшон” ва ҷиноҳҳои низомие, ки он замон дар ин минтақа буданд, намояндагони ИНОТ, бо ҷанобони Нурӣ, Тӯраҷонзода, Ҳимматзода, Давлат Усмон дар ҷойҳои гуногун: Исломобод, Теҳрон, Маскав, Кундуз, Толиқон, ки нерӯҳои опозисюн мустақар буданд ва бо касоне, ки қобили гуфтушунид буданд, суҳбат ва машваратҳо доштем. Вазифаи марҳилаи аввал, чуноне ки гуфтам, розӣ кардани тарафҳо ба гуфтушунид буд. Ин осон набуд. Ин ақидаро раҳбари давлат пазируфта, мо дастгирии ӯро эҳсос мекардем. Вале дар байни атрофиёнаш, аз ҷумла қумондонҳои саҳроӣ афроди хунгарме буданд, ки мегуфтанд, сари мизи гуфтушунид бо ҷангандаҳои опозисюн нишастан намехоҳанд, чунки дастони онҳо то оринҷ дар хун аст. Мутаассифона, аз суи раҳбарони сиёсӣ ва махсусан – фармондеҳони саҳроии ҷониби дигар, ИНОТ низ чунин вокунишҳои эҳсосотӣ бо айни ҳамон суханҳо садо медод, ки мо бо ин ҳукумат сари мизи гуфтушунид намешинем, зеро дастони онҳо ғарқи хун аст. Мутақоид кардани онҳо ба ин ки ҷуз сари мизи музокирот нишастан роҳи дигаре нест, сахт душвор буд. Ба ҳар ҳол тадриҷан бо ёрии кишварҳои ҳамсоя ва манфиатдор: Русия, Эрон, Покистон, Узбекистон ва Қазоқистон ба мо муяссар шуд, тарафҳои даргирро ба гуфтушуниди сиёсӣ ва оғози муколама мутақоид кунем.»

Дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки баъди ҳазору яксаду ҳаштод рӯзи ҷанги шаҳрвандӣ 27-уми июни соли 1997 дар Маскав ба тасвиб расидааст.

имзои Гердт Дитрих Меррем, дипломати олмонӣ гузошта шудааст, ки ному пайкори ӯ ва СММ-ро барои ҳамеша дар таърихи Тоҷикистон сабт хоҳад кард. Зимнан ҳам коршиносон ва ҳам кормандони худи СММ муътақиданд, ки анҷоми марҳалаи сулҳи тоҷикон яке аз комёбтарин тарҳҳои ин муассисаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Аз инҷо буд, ки маҳз барнома ва ё тарҳи сулҳи СММ дар Тоҷикистон то 15 сол фаъолият кардааст. Ба таъкиди коршиносон ва таҳлилгарон агарчи нишастан бар сари мизи музокирот хоҳиши ҳарду ҷониби даргири тоҷик, аз як сӯ ҳукумат ва аз сӯи дигар Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин буд, вале ин СММ буд, ки ин хоҳишро ба марҳилаи иҷро дароварда, тӯли панҷ соли муқовиматҳои мусаллаҳона ва даврони гуфтушунид, ҳам аз лиҳози маънавӣ ва ҳам аз лиҳози моддӣ ин равандро дастгирӣ кардааст. Ва ин устувори  СММ буд, ки ҷанги дохилии Тоҷикистон зудтар анҷом ёфт, беш аз ин СММ бо оштӣ додани ҷонибҳо, кори худро анҷомшуда наҳисобид, балки вазъи сиёсиву иқтисодии кишвари ҷангзадаро то ҳадди лозим ором ва осуда кард. Аммо дар охир инро бояд зикр намоем,ки ин ҳама талошҳои расидан ба сулҳ аз як тараф нақз шуд ,мутаассифона ҳеҷ кишвари кафили сулҳ аслан дахолат накарданд. Гузоштанд,ки ин сулҳ халалдор гардад ва уҳдадориҳои худро ,то охир ҷиддан назорат накарданд. Ҳоло ҳам сулҳ ва ҳам “Асосгузор”и он шуда аст як нафар.

Поёни бахши севвум, бахши чаҳоруми ин силсиламатолиби вижаи сулҳи мо “Гузаштҳо ё иштибоҳҳои сулҳсозӣ”. Бо “Ислоҳ” бошед,то бештар огоҳ гардед…

Ps: Лозим ба тазаккур аст ки ба ҳангоми омода кардани ин риштаматолиб аз навиштаҳову мусоҳибаҳои устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Абдумаҷид Достиев, Иброҳим Усмонов, Салими Аюбзод ва як қатор сайтҳо истифода шудааст.

Сообщение Сулҳ бо ривояти дигар. Баъди чаҳоряк аср №3 появились сначала на ISLOH.net.

Сулҳ бо ривояти дигар.Баъди чаҳоряк аср
(бахши дуввум )

Нақши Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, меъмори воқеии сулҳи тоҷикон

Ҳам дустон ва ҳам душманони сулҳи тоҷикон муътақиданд ва иқрору эътироф кардаанд, ки ин талошу пайкор ва гузаштҳои беохири устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд, ки оташи ҷанги дохилӣ тамоми кишварро фаро нагирифт ва муҳимтар аз он зудтар хомуш гардид. Чунки устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ нафари дигар буд. Аз ҳар ҷиҳат аз Раҳмонов фарқ дошт. Устод Нурӣ як сиёсатмадори худрӯ, худрой, худсохта, худбовар ва роҳу пайкору ҳаракату ҳизбу ҳадафу ормонаш ҳам аз они худаш буд, худаш интихоб карда буд, худаш ихтиёр карда буд, худаш бунёд карда буд. Вай як куҳи устувор ва як дарахти тануманде буд, ки ҳеҷ гоҳ зери бори касе нарафт, лухтак ва бозича набуд, аз касе ва бар касе қарздор набуд, касе ӯро наоварда ва насохта буд. Роҳи вай ҳанӯз аз ҷавониаш, то инки аз Афғонистон парчами мубориза ва муқовиматро боло бардорад, рушан буд. Вай ва муборизаву талоши вай барои Тоҷикистони соҳибистиқлол, барои як ҷомеаи одил, барои соҳиб шудан ба давлати озоду новобаста ва соҳибсухану соҳибҷойгоҳу соҳибирода буд. Ба як калом, ӯ дар тафовут аз Раҳмонов, ки сохтаву пиростаи квачковҳову грачевҳову

козиревҳову ва ҳоказоҳои дигар буд, нафари мустақилу озод ва танҳо дил ба амру фармони Парвардгораш додаву дар роҳи пайғамбараш, дар хати кашидаи ӯ ҳаракат мекард. Ин тафовути аслӣ ва усулии шахсияти устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз Эмомалӣ Раҳмонов аст, ки вай аз даврони ҷавонӣ роҳу равиши худро таъйин ва мушаххас карда ва ҳануз дар ҳамон солҳо, ки Раҳмонов аз сиёсат буе набурда ва ба ҷуз аз дуздии коҳу ҷаву хурдани қурутови бо олича ба фарқи сиёҳу сафеди дунё намерасид, барои ақида ва дидгоҳҳои сиёсиаш муҷозот шуд. Устод Нурӣ танҳо ва аввалин маҳбуси сиёсии тоҷики замони шӯравӣ буд, ки барои таблиғи ақоиди исломӣ-яъне муқобала бо сиёсати вақт заҷри зиндон кашидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдат ва мубтакири он, дар асл кӣ аст ?

Нахустин паём ва даъват барои музокира ва гуфтугӯҳо ба хотири қатъи ҷанги хонумонсӯзи таҳмилиро устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва ёрони вай матраҳ карданд. Замоне, ки тарафи дигар, яъне ҳамин Эмомалӣ Раҳмонов, ки акнун худро бешармона Асосгузори сулҳ хондааст, болои Ғарму Бадахшон бомбаҳои хушаӣ партоб мекард ва ҳарими ҳавоии мамлакатро ҳамарӯза ба маърази таҷовузи чархболу тайёраҳои ҷангии Узбакистон вогузор карда ва аз тарафи дигар тавассути расонаҳои давлатӣ ва бахусус радио ва телевизион устоди шаҳид ва ҳамразмони вайро «ҷинояткор»,  «хоини ватан» ва «душмани миллат» муаррифӣ мекард. Аммо устод Нурӣ, бо ин вуҷуд, ки дар сангинтарин ва сахтарин шароиту вазъ қарор дошт, барои садҳо ҳазор гуреза нону обу дон меёфт, бо ҳамон салобату тамкин ва ва бо ҳамон тану туши таҳамтанона ва бо як виқору назарбаландӣ ва бо ҳамон лабханди малеҳи махсуси худаш вале бо сароҳат ва қотеъият, ки вижаи сиёсатмадорони бузург аст гуфт, ки ба ҷуз аз нишастан сари мизи музокирот ва расидан ба сулҳу оштӣ роҳи дигаре барои Тоҷикистон вуҷуд надорад: «Донед ва огоҳ бошед, ки мо иштибоҳи падарону бобоёни худ дар авоили солҳои 20-ро такрор нахоҳем кард. Инро шумо мехоҳед ё хайр, мо ба ватан,ба зодгоҳамон, албатта, бо изну пуштибонии он Холиқи якто бо сари баланд бармегардем. Ин шо Аллоҳ!»

Ин ҳарфҳо ва ин иддаои ӯро Русия, Узбакистон ва Раҳмонов нодида мегирифтанду афсона мепиндоштанд.

«Раҳмонов мегуфт, ки ба ҳеҷ гоҳ!!! Шумо дигар Афғонистонро обод кунед. Шумо дастони то оринҷ хунолуд доред, бо шумо мо сари миз наменишинем!!!»

Аммо, чуноне, ки шоҳид шудем, ҳам музокира кард, ҳам муҳоҷирону муҷоҳидон бо сари баланд ба ватан баргаштанд ва ҳам ҳукуматро бо устод Нурӣ тақсим кард. Устод Нурӣ ҳам Русия, ҳам Узбакистон ва ҳам Раҳмонови дастнишондаи онҳоро замингир кард ва роҳе барои шинохтан ва эътироф кардани худаш нагузошт, ба ҳадде, ки акнун Русия талошу ҷидол мекард, ки Нурӣ санади Сулҳро дар Маскав ба имзо гузорад, то Маскав касби обрӯ кунад. Маскав, раиси ҷумҳуриашро, арӯсаки худсохтаашро пешкашу пойандози устод мекард, ки биёяду ин санадро маҳз дар ҳаминҷо имзо кунад то ба василаи имзои Нурӣ имтиёз бигирад.

«Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва хадамоту заҳамоти ӯ барои барқарории сулҳу оштӣ, истиқрори оромишу осоиш ва қатъи ҷангу бародаркушӣ ниҳоят бузург аст, ки то ба ҳол холисона ва мунсифона таҳқиқ нашудааст. Вай, ки як шахси комилан мазҳабӣ ва ба таъбири имрӯзиҳо як «исломии радикал» ва бунёдгаро буд, метавонист «то охир-до контса» бизанад ва барои идомаи муборизаи мусаллаҳонаву сиёсӣ тамоми зарфиятҳоро дошт. Чун дар он марҳала Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон-Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик ба масобаи як давлат дар сатҳи дунё шинохта шуда ва устоду ёрони вай-ба мисли устодон Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, устоди шаҳид Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро дар сатҳи роҳбарони давлатҳо истиқбол ва бадрақа мекарданд. Ин аз азамат ва шаҳомати ҳукумати дар табъиди устод Нурӣ буд, ки Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар канори намоянда ва ё ба таъбири осонфаҳм сафири худ боз як намояндаи вижаи Дабири кулли СММ ташкил дода буд.»

Ҳамчунин Б.Елтсин, бо онки тавассути вазорати хориҷӣ, вазорати дифоъ, ФСБ ва даҳҳо хадамоти дигараш Тоҷикистон ва Раҳмоновро дар мушташ қарор дода буд, як намояндаи вижаи раиси ҷумҳури худро барои робита бо устоду ёронаш  муваззаф карда буд. Устод Нурӣ ва ҳамразмони вай ҳамарӯза аз тамоми расонаҳои бузурги дунё суҳбат мекарданд, ҳатто расонаҳои марказии Русия дигар як мавзӯи бозоргири худро дар бозтоби кору пайкори устод Нурӣ пайдо карда буданд. Аз ин ҳама муҳимтар муҷоҳидин ва размандаҳои таҳти фармони устод Нурӣ ба як артиши муназзам ва ботаҷрибаву бомаҳорат бадал шуда ҳаволии пойтахт ва то бархе аз микрорайонҳои онро таҳти итоати худ дароварда буданд. Устод Нурӣ дар мақоми як раҳбари муқтадир ва муваффақи сиёсӣ ҳам аз лиҳози низомӣ ва ҳам лиҳози молиявӣ ва ҳам аз лиҳози сиёсӣ бениёз шуда ва дар пушташ на танҳо роҳбарони танзимҳои ҷиҳодии Афғонистон, кишварҳои исломии сарватманд, ҳамчунин созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башарро дошт. Вай метавонист идома бидиҳад. Аммо ӯ ин корро накард.

Сулҳро, оштиро, қатъи ҷангу вайрониро интихоб кард. Бо таънаву занакгапиву заифмиҷозиву кампирфеълиҳои Раҳмонов аслан эътибор надод. Устод Нурӣ ҳеҷ гоҳ аз қувва ва қудраташ нанозид, суиистифода накард, баръакс, ҳар гоҳе дар ҳолати дасти боло ва пешравӣ қарор дошт ба «душман»  ё бо “арусаку дастнишондодаи хориҷиҳо” боз ҳам сулҳу оштиро пешкаш мекард. Гузаштҳои беҳадди устод ба ҳадде гарон меуфтод, ки гоҳе ҳатто наздиконаш ба сутуҳ меомаданд.  Аммо боз ҳам ҳамин корро мекард. Дуруст аст ки сиёсат мулоимӣ намепазирад, ҳамвора мисли шамшери аз ниёмкашида бояд буд. Аммо устоди шаҳид ин тавр набуд. Одамияташ сахт баланд буд. Мехост дар сиёсат ҳам одамият авлавият касб кунад, манфиатҳо дар қафо бошад. Вай худаш ҳам инро на як бору ду бор гуфта буд, ки медонад ҳамразмонаш аз ин гузаштҳои ӯ сахт нороҳатанд:

«Дар он шабу рӯзе, ки мо будем, дар он шабу рӯз, ба фикри ман, вақте ҳар як одами оқил, агар дар Амрико буд ё Канада ё Урупо, агар ҳамчун як тоҷик вақте ба тарафи Тоҷикистон назар мекарду медид, ки танҳо нолаву оби чашму дуд аз он ҷо берун мешавад, ман фикр намекунам, ки одами оқил дар он вақт думболи мансабу мақому вазифа мегашт. Ман гуфтам, ки ин мансабу вазифаро барои он ки мо ҳам дар як қисмати ин давлат бошему итминон пайдо кунем барои зиндагӣ кардан, барои ҳамин буд, вале мо ҳар коре ки кардем, кам гирифтем, зиёд гирифтем, гузашт кардем. Бале, ман гузашт кардам ва ман ифтихор ҳам мекунам барои ин гузашт карданам. Вале чун ман гузашт кардам, ба мақсад расидам, яъне ба сулҳ расидам!»

Устод Нурӣ барои расидан ва дастёбӣ ба сулҳу оштӣ тамоми ҳастияшро бахшид. Вай ба сулҳ бо як меҳру муҳаббати беохир, балки ошиқона дил бохта буд. Аз ин ҷо буд, ки дигар кутаҳӣ, фиреб ва тазвири тарафи дигар барояш камтар менамуд, балки наменамуд. Ҳарчи зудтар ва бо шитобу аҷала ба самту суи он мерафт.

Эмомалӣ Раҳмонов, ки акнун ва имрӯзҳо мункири ҳама заҳамоту ҷаҳду ҷидолҳои устод ва ёронаш шудааст, он замонҳо дигар буд ва медонист, ки устод Нурӣ барои ӯ чи гузаштҳое, чи ақибнишиниҳое кардааст. Вай замоне, ки ноилоҷ монда ва маҷбур буд, ки Комиссиюни Оштии Миллиро ба ихтиёраш бигзорад гуфта буд: «домулло Сайид Абдуллоҳ Нурӣ як шахсияти хирадманд, дурандеш ва фарзанди фарзонаи миллат ҳастанд».

«Ва, дертар, баъди даргузашти устоди шаҳид дар арафи таҷлил аз даҳумин солгарди Рузи Ваҳдат барои аввалин ва охирин бор иқрор кард, ки нақши Нурӣ ва ҳамразмонаш барои сулҳ басо бузург аст: «Дар кори хайри сулҳи тоҷикон роҳбари Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ҳамсафони наздики ӯ ва собиқ қумандонҳои ин иттиҳод, саҳми арзанда доранд. Бинобарин ман ба онҳо миннатдории хешро иброз медорам».

Аз ин ҷо буд, ки як рӯз қабл аз ин сана Раҳмонов бо як фармон ба устоди шаҳид барои мусоидат ба сулҳ нишони давлатии “Зарринтоҷ” тақдим кард.

Нақш ва саҳми носутуданӣ ва асосии устод Нурӣ дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро на танҳо Раҳмонов, ҳамчунин дигар архитектори ҳукумати вай, аз ҷумла Абдумаҷид Достиев ҳам борҳо иқрор ва эътироф кардааст, бале ҳамон Достиев, ки воқиан ҳам дар солҳои оғози кори Раҳмонов ӯро роҳнамоӣ мекарду нишон медоду мефаҳмонд:

«Устод Нурӣ ваъда дода буд, ки барои расидан ба сулҳ тамоми афроде, ки дар даст силоҳ доранду меҷанганд, халъи силоҳ хоҳад кард ва ин масъулияташро иҷро кард. Хизматҳои Нурӣ барои сулҳи тоҷикон бисёр бузург аст. Ҷанге, ки дар Тоҷикистон беш аз панҷ соли идома кард, бо сабабҳои мухталиф дар кишвар рух дод, ки ҳоло дар ин маврид чизе гуфта намешавад. Аммо қисмати талошҳо барои расидан ба сулҳи миллӣ аз масъулиятҳое буд, ки Нурӣ ба дӯш гирифта буд ва онро тавонист иҷро кунад.»

Инки устоди шаҳид ватанашро, Тоҷикистонашро сахт дуст медошт ва оромиву осудагӣ ва сулҳу суботу ваҳдати мардуми тоҷикро аз ҳар неъмате, аз ҳар арзише дигар боло медонистро ҳатто мунтақидонаш ва онҳое, ки дар сангари мухолиф ва дар муқобили худи ӯ ва ҳамроҳони ӯ нишаста талош мекарданд, аз ӯ бикоҳанд, аз ӯ бикананд, бар ӯ бидаванд, кам кунанд, низ эътироф кардаанд. Барои мисол дар ҳамон солҳо Иброҳим Усмонов, ки аз сухангуёни ҳайати музокиротии тарафи ҳукумати Раҳмонов буд ва инсофан бигуем, ки дар қиёс бо бархе дигарҳо ҳамеша таъкид кардаву навиштааст, ки дар роҳи расидан ба сулҳ ҳарду тараф нақш доштаанд, дар бораи устоди шаҳид чунин изҳори назар кардааст:

«Нигоҳи Нурӣ ба ҷомеаи Тоҷикистон нигоҳи тоҷикона буд. Ин кас ҳамчун як шахсияти тоҷик оромии кишвари худро мехостанд ва намехостанд, ки касе ва ё қуввае ба Тоҷикистон таъарруз кунад».

Аммо ин тавр набуд, ки устод дар Афғонистон, дар дори ғурбат мунтазири паёми оштии Раҳмонов нишаста бошаду коре накарда бошад. Устод ба вузуҳ ва бо фаросати баланд ва бо сабақ ва илҳом гирифтан аз роҳи тайкардаи Пайғамбари бузурги ислом тамоми тадоркуро гирифт ва даст ба тадобири мушаххас зад. Артиши муназзаму мунсаҷими ӯ вориди қаламрави кишвар шуд. Худи ӯ ҳам мегӯяд, ки дигар маълум аст, ки танҳо бо сухан ва танҳо бо баёнияҳо наметавон сулҳ ба даст овард ва роҳи расидан ба сулҳ мубориза аст ва танҳо мубориза ва ҷанг аст ки моро ба ватан бозмегардонад ва аз нанги беватанӣ наҷот медиҳад:

«Мо чунин фикр кардем, ки барои бақои ин миллат, барои ҳифзи садҳо ҳазор муҳоҷире, ки бо вуҷуди сахтиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳарбию сиёсӣ дар шимоли Афғонистон дар ин минтақа паноҳ ёфта буданд ва барои ҳифзи ҳуқуқи наздик ба як миллион нафаре ки дар кишварҳои дигар паноҳанда шудаанд, барои бақои онҳо ва бозгашти сарбаландонаи онҳо, мо ҳақ надоштем, ором биншинем ва ё аз пайи зиндагии худ бошем. Мо худро масъули ин ҳол мешумурдем. Ва барои дифоъ аз ҳуқуқи ҳамватанони худ роҳи дигаре надоштем, ба ҷуз ин ки амалиёти низомиро шурӯъ кунем. Бинобар ин гурӯҳҳои пароканда ва маъюсшудае ки баъд аз шикаст дар ҷангҳои дохили Тоҷикистон, ба ин тараф, ба Афғонистон гузашта буданд, онҳоро даъват кардем ва як низому тартибе ташкил кардем ва алҳамдулиллаҳ, тавонистем, гурӯҳҳои зиёдеро сарҷамъ кунем, онҳоро мусаллаҳ кунем ва ҷиҳоду муборизаро шурӯъ кунем. Хуб, дар ҳақиқат ҳам ҳамин ҷиҳоду муборизаи мо боиси он гардид, ки бори дигар ин миллати ҷафокашидаро ин абарқудратҳо бишиносанд. Албатта, дар он рӯз ҳам гуфтем, ки мо ҳам ҷангҷӯ нестем. Мо касоне ҳастем, ки болоямон ҷанг таҳмил шудааст, аз диёрамон ронда ва маҷбур ба ҳиҷрат шудаем. Хулоса ки ҳамин муборизаҳои мо имрӯз, масалан, пешравиҳои мо дар Бадахшон, дар Вахиё боиси он гардид, ки сардамдорони режими Душанбе, ки борҳо эълон карда буданд, ҳаргиз намехоҳанд, бо мо бишинанд ва ҳатто Русия ҳам ин чизро намехост, инҳо маҷбур шуданд, бо мо сари мизи гуфтугӯ нишинанд.»

Онгуна ки тазаккураш рафт, устод Нурӣ дар зоту табиати худ марди мубориз буд. Вале ҳаргиз зӯргу ва манфиатҷӯ набуд. Азбаски сиришти ӯ, тору пуди ӯ, бо донишу ҳикмату илми қуръонӣ рехта ва бофта шуда буд, барои тамоми умр як инсони оштихоҳ, сулҳҷӯ, дорои одамияти баланд боқӣ монд .Вай, барои онки ҷилави ҷанг гирифта бошад ҳатто бо Сангак рӯбарӯ омад ва ӯро ба манзили зисташ даъват карду барояш зиёфат орост, Сангакеро, Эмомалӣ Раҳмоновро одам карду қудрат, аммо ба муҷарради расидан ба арикаи қудрат Раҳмонов аввал Сангакро ба куштан доду сипас фарзандони вайро яке, яке ба зиндон кашид. Боз барои расонидани Сангак ,то ба Кулоб мошинеро ихтисос карду ирсолаш намуд. Аммо Раҳмонов чӣ?

Қорӣ Муҳаммадҷон, яке аз фарзандони устоди шаҳид дар як суҳбаташ бо “Ислоҳ” гуфта буд, ки устод барои онки кишвар туъмаи душманон нашавад Сангакро даъват кард:

Устод марди сулҳ ва муқовамат буданд ва ҳамеша оромӣ, субот ва пешрафти миллат ва кишварамонро мехостанд ва инро дар ҳаёташон собит намуданд. Чи дар замони ҷанг ва чи қабл аз он тамоми талошашонро мекарданд, то садди роҳи ҷанг шаванд. Агар касе фикр мекунад, ки барои барқарории сулҳ баъдҳо кӯшишҳо ба харҷ дода шудааст, иштибоҳ мекунад. Ҷаҳду талошҳо барои ҳифзи сулҳ ва барои барқарории он аз аввалҳои соли 1992 баъди баргузории митингҳои ба ҳам зид дар майдони «Шаҳидон» ва майдони « Озодӣ» шурӯъ шуда буданд. Ҷонибҳо аввал дар Қурғонтеппа, баъдан дар Хоруғ ва сипас дар Хуҷанд мехостанд проблемаҳои сиёсиву низомиро ба таври мусолиматомез ҳал намоянд. Ҳато рӯзи 14 июли соли 1992 дар манзили худи устод дар ноҳияи Вахш– совхози «Туркманистон» маъракае барпо шуд ва дар он Сангак Сафаров, яке аз лидерони Фронти халқӣ ширкат варзида ва барои ҳифз ва таъмини сулҳу субот ҳам устод Нурӣ ва ҳам Сангак Сафаров суханронӣ намуданд.

«Бо ин ҳама умеду ноумедиҳо аз сулҳи тоҷикон ҳеҷ касе наметавонад инкор кунад, ки он ба аҳдофи худ нарасид. Бале,вақте мегӯем, ки сулҳ ба аҳдофаш расид, ба ин маъност, ки ҷанги шаҳрвандӣ қатъ шуд, гурезаҳо ба ватан баргаштанд, қудрати сиёсӣ тақсим шуд ва сохти конститутсионӣ ва худи Қонуни асосӣ ҳам, онгуна, ки устод Нурӣ ва ҳамразмонаш тақозо дошт бознигарӣ шуд.»

Ҳоло, имрӯзҳо аст ки бар нақши устод Нурӣ хати бутлон мекашанд ва нафареро, ки маҷбурӣ сулҳ кардаву имрӯзҳо дигарбора инкор мекунад, Асосгузори сулҳ унвону рутбааш додаанд, аммо дур нест рузе, ки ҳам ба таври табиӣ тасвир ва инъикос хоҳад шуд. Худи устоди шаҳид ҳам ки дар рӯзҳои охирини ҳаёташ бо номеҳрубонӣ ва камгирии тарафи дигар дигар тоб наёварда буд, дар яке аз суҳбатҳояш ба ночор бар рухи он ҳама бикашид, ки “ҳадду ҳисобу андозаи худро бидонед”:

«Ман барои мардум сулҳ овардам. Мардум бояд бидонад, ки дар ин озодӣ, ин амният, ин сулҳ, албатта, заҳмати дигарон ҳам буд, вале ин заҳмати асосии ман буд. То ҳозир ман ин даъворо намекардам».

Имзои устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, зери санади Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ як сафҳаи тозаеро дар таърихи тоҷикон боз кардааст ва ӯ то ин миллат ва мардум боқист ҳамчун меъмор ва поягузори ин сулҳ мақому мартабаи худро ҳифз хоҳад кард.

Поёни бахши дуввум,бо Ислоҳ бошед,то паҳлуҳои дигари ин созишномаи сулҳро хубтар огоҳ гардед.Идома дорад…

Матлаби севвуми мо : “Нақши миёнаравҳои сулҳ” мебошад.

Ps: Лозим ба тазаккур аст ки ба ҳангоми омода кардани ин риштаматолиб аз навиштаҳову мусоҳибаҳои устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Абдумаҷид Достиев, Иброҳим Усмонов, Салими Аюбзод ва як қатор сайтҳо истифода шудааст.

Сообщение Сулҳ бо ривояти дигар.Баъди чаҳоряк аср появились сначала на ISLOH.net.

Сулҳ бо ривояти дигар. Баъди чаҳоряк аср
Имсол 25 сол ё чаҳоряк аср аз солрӯзи имзои санади Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сипарӣ мешавад. 27.06.1997дар Президент –оттели Маскав ин санади таърихӣ ба ҷанги дохилии панҷсола нуқта гузошт ва роҳ барои оштиву мусолаҳаву ободкориву созандагӣ дар Тоҷикистонро боз кард. Арзиш ва аҳамияти ин санади таърихӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон аз санади муътабари Эъломияи истиқлолияти давлатӣ камтар нест. Барои ҳамин шурӯъ аз соли 1998 рӯзи имзои ин санад, бо номи Рӯзи Ваҳдат дар шумори маросимоти расмии Тоҷикистон қарор гирифт. Аммо, оё ин санад ва ин сулҳ то куҷо тавонист ба аҳдофи худ бирасад ва оё як ҷомеаи озоду мардумсолор ва як давлати  демократӣ ба мардуми тоҷикро ба армуғон оварад? Бо гузашти чаҳоряк аср тарафҳои ин сулҳ дар чи вазъу ҳоланд ва мардум, масолеҳи асосии ин ҷанг дар чи ҳолу ҳавое қарор дорад? Чаро бо гузашти ин чаҳоряк аср тарафе, ки мусаббиби тамоми бадбахтиҳову мусибатҳо ва омили асосии ҷангу хунрезӣ шуда буд, дар сари қудрат боқӣ монд ва тайи ин ҳама солҳо бешармона дастовардҳоро ба номаш задаву худро Асосгузори сулҳ хондааст, вале тарафе, ки сулҳу оштӣ заҳамоти ӯст, боз ҳам дар ғурбат ва ҳиҷрат қарор дорад?

Пойгоҳи «Ислоҳ” талош меварзад, ки ба чанду чунии сулҳу санади сулҳ ва нақшу саҳми шахсиятҳо, созмонҳо ва давлатҳо дар амри ба даст омадани оштӣ миёни тоҷикон ва суолоте мушобеҳ, ки ҳамин имрӯзҳо ҳам дар сари забонҳост, посух бидиҳад. Бад-ин ҷиҳат ришта матолиберо барои нашру пахш омода кардааем. Ва, ҳоло бахши аввал:

Нақши Эмомалӣ Раҳмонов дар сулҳ. Оё Эмомалӣ Раҳмонов асосгузори сулҳ аст?

(бахши аввал)

Барои онки дар бораи нақши Раҳмонов дар амри истиқрори сулҳ суҳбат кунем, зарур аст ки як каме дар бораи гузаштаи вай бигӯем. Ҳеҷ кас рад карда наметавонад, аз ҷумла худи ҳамин Эмомалӣ Раҳмонов ҳам, ки вайро Русия ваУзбакистон ба раҳбарии Тоҷикистон оварданд. Ӯро оварданд, то пеши роҳи қишри бедору огоҳи халқи худашро, ки давлати мустақил, соҳибихтиёр ва миллиро ҳадаф қарор дода буд, бигирад, талошу муборизаҳои онҳоро саркуб кунад, онҳоро кушаду нобуд созад, аз раъяшон баргардонад, хулоса нагузорад, ки онҳо ба мақсади худ бирасанд. Раҳмонов беш аз тасаввур ва чашмдошти ин ду кишвар, талабу дархостҳои онҳоро иҷро кард. Ҳам кушт, ҳам зиндонӣ ва ҳам водор кард, то гурезаву дарбадару муҳоҷир бишаванд. Аммо, як сол ҳам нагузашта буд, ки авзоъ комилан иваз ва ин нақшаҳои шум хароб ва ботил шуданд. Раҳмонов ва дар пушту пешаш Русия ва Узбакистон маҷбур шуданд ба суроғи оппозитсиони тоҷик бираванд. Раҳмонов чору ночор ба сари мизи музокира омад. Нафаре, ки аҳзоби сиёсӣ, расонаҳои озодро баст, нафаре, ки даҳҳо нафар аз шахсиятҳои муътабари кишвар ба шумули Бозор Собир, Шоири Халқии Тоҷикистонро зиндон кард, нафаре, ки аз тарси тиру аслиҳааш мардум Афғонистон гурехт, нафаре, ки Ғармро бомбаборон кард ва дуғу таҳдид мекард, ки ҳеҷ гоҳ бо хоинону душманони миллат ва давлат музокира намекунад, на инки музокира мекард, худаш бархосту рафт Афғонистон.

19 майи соли 1995 ба Кобул омад ва дар кохи мавсум ба Гулхонаи раёсати ҷумҳурии Афғонистон пойи суҳбати устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ нишаст. Инҷо як пора аз матни ин изҳороти муштараки ӯро бо устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нуриро айнан меоварем, то маълум бишавад, ки дар он солҳо дар чи вазъу шароите қарор дошт:

«Мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Раиси Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон Саид Абдуллоҳи Нурӣ, манфиатҳои олии мардуми тоҷик ва мамлакати азияткашидаамонро ба инобат гирифта, ба хотири ноилшавӣ ба сулҳу ризоият дар Тоҷикистон, муҳайё сохтани шароити мусоид барои ободонию шукуфоии ҳақиқии Ватан, аз 17 то 19 майи соли 1995 дар шаҳри Кобул мулоқот доир сохтем».

Аммо вай бо танҳо ҳамин мулоқот бо устод Нурӣ наметавонист иктифо кунад.

«Он замон, замони «теғу оташу хун», замоне, ки дигар Ҳаракати наҳзати исломӣ даст ба муқовимати мусаллаҳона зада ва замоне буд, ки Эмомалӣ Раҳмонов шояд, такрор мекунам шояд, санге дар бағал надошт, шояд ҳам дошту рӯ намекард, вале дар шароите қарор дошт, ки ба ҷон мехост, мухолифин бо вай оштӣ бишавад ва сулҳ кунад. Барои ҳамин буд, ки хесту Афғонистон рафт ва ба пойи суҳбати «домулло» нишаст ва аз устоди марҳум узру маъзарат ва кумаку ёрӣ хост. Агарчанде дар оғози роҳаш тамоми талошашро карда буд, ки несту нобудаш кунад. Чун дастур гирифта буд ва ваъда ҳам супурда буд, ки ислом ва исломиҳоро несту нобуд мекунад.»

Ин воқеият ва ин факту далел аст ки Раҳмонов на як бору ду бор ба суроғи роҳбари Иттиҳоди Неруҳои мухолифини тоҷик ба Афғонистону Эрону Русия рафт. Аммо воқеият ва ҳақиқати раднопазир ин аст ки ин устоди равоншод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд, ки сулҳ сулҳ шуд. Ҷойи Раҳмонов ҳар касе дигар ҳам буд, дақиқан ҳамон роҳеро мерафт ва ҳамон кореро мекард, ки Раҳмонов паймуд ва иҷро кард. Аз он роҳ ва аз он хат по фаро гузошта наметавонист. Раҳмонов дар зоҳир роҳбари давлат буд. Амалан иҷрокунандаи ирода ва барномаҳои Русия дар Тоҷикистон буд. Вале ҷойи устоди равоншод нафари дигаре буд, баъид буд, ки айни ин сулҳ такрор бишавад.

«Баъди гузашти ин чаҳоряк аср боз ҳам бештар маълум мешавад, ки устод Нурӣ ба Раҳмонов чи гузаштҳое кардааст, аммо Раҳмонови курнамак ва носипос оқибат мункири ин ҳама гузаштҳо шуду дар ниҳоят санги бағалашро берун овард ва устод Нурӣ ва ҳаракату ҳизби ӯ ва ёрони ӯро хоину душман хонад. Кореро, ки як бор карду пушаймон шуду гуфтаҳояшро пас гирифту сулҳу оштӣ кард, аммо боз ҳам такрор кард. Хуб, дар ин бора дар матолиби баъдӣ муфассалтар хоҳем гуфт ,аммо ҳоло бозмегардем ба он даврони теғу оташу хун.»

Эмомалӣ Раҳмонов, такрор ба такрор аз устод Нурӣ дархост мекард, ки ӯро бипазирад, бо вай суҳбат кунад. Вақте хабари омодагии устод барои мулоқот бо худашро шунавид, болу пар баровард ва аз хурсандӣ дар курта нагунҷид ва котибашро гуфт бишину навис. Ва (пеш аз сафараш ба Хусдеҳ) навишт,ки

«Хушнудам, ки омодагии хешро ба мулоқот изҳор намудаед. Ман ҳам такроран мегуям, ки тайёрам дар ҳар вақти мувофиқ бо Шумо во хурам, то дар суҳбати рӯ ба рӯ мо битавонем масъалаҳои мубрами сарнавишти халқамонро баррасӣ намоем. Қазияро тавре ҳал кунем, ки он ба таври амалӣ ба ихтилофи миёни мо нуқта гузорад, дарди халқ ва ҷароҳати кишварро табобат кунад.»

Бисёр мехостам, Шумо рӯзеро, ки ба Маскав омада метавонед, хабар диҳед, то мо омодагии сафар гирем».

Хоҳиш, аз шумо хонандаи азиз, ки ба ин иқтибосҳо аз суҳбатҳои Раҳмонов сахт таваҷҷуҳ кунед ва ҳолати онрӯзаву имрӯзаи Раҳмоновро барои худ қиёс намоед. Қиёс кунед то бифаҳмед, ки то чи ҳад ба сулҳ ва ба оштӣ муҳтоҷ буд.

Ин, ҳоло ҳолост, ки Эмомалӣ Раҳмонов худро Асосгузори сулҳу ваҳдат ва яккаву яктои замон мехонад. Он вақтҳо вай, ана ҳамин тавр, мисли мурғи парканда ва гурбаи баобуфтода буд, ки наҷоти ҷонаш дар дасти устоди шаҳид Саид Абдуллоҳи Нурӣ буд.

«Суҳбати рӯбарӯ» мехост, барои дидор бо устод «омодагии сафар» мегирифт, «такроран мегуям, ки тайёрам дар ҳар вақти мувофиқ бо Шумо во хурам»,мегуфт. Ва мегуфт, ки «дар ҳар куҷои дунё, ки раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бихоҳад, омодааст, ки барои мулоқот биравад».

Аммо воқеият чизи дигар буд, агарчи имрӯз дар ин бора наменависанд. Воқеият ин буд, ки Раҳмонов ҳеҷ гоҳ намехост бо оппозитсион сулҳ кунад. Дар соли 1993, ки оппозитсион худро дигарбора ҷамъу ҷур карда аз тасмимоти ҷиддияш барои бозгашти сарбаландона ба ватан аломатҳои рушан медод, Раҳмонов ва дору дастааш бо тамоми имконоти мумкин ва ғайримумкин талош мекард оппозитсиони худро дудаста сохта бо он гуруҳе, ки таъсири амалӣ надошт, равобит барқарор кунад. «Муаллимҳо»-и Раҳмонов дар вазорати хориҷии Русия уро раҳнамоӣ ва ҳидоят мекарданд, барнома месохтанд. Ҳамин тавр фиристодаҳои Раҳмонов ба шумули Қозидавлат Қоимдодов, Шукурҷон Зуҳуров ва чанд нафари дигар бо шодравон Отахон Латифӣ, марҳум Ҳабиб Сангинов ва нафароне дигар, ки дар Маскав ба сар мебурданд, дидору мулоқотҳо доир карда ва онҳоро таблиғ мекарданд, ки ба ватан баргарданд. Яъне аз канори устоди Нурӣ ва ҳамроҳонаш ҷудо бишаванд. Аммо, ин Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон буд, ки ҳарфи охирро мезад ва маълум шуда буд, ки роҳи расидан ба сулҳ ва бозгашти сарбаландона ба ватан фақат ҷанг ва муборизаи мусаллаҳона аст, ки ин роҳро танҳо муҷоҳидини ҷон бар каф ва сангарнишинони ошиқи шаҳодат паймуда метавонистанду бас. Вай ва назариясозону тарроҳони сиёсаташ ба роҳбарони Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон (баъдан Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик-ИНОТ) туҳмат мебастанд, ки онҳо то оринҷ дастони хунолуда доранд. Раҳмонов аз Узбакистон дастур гирифта буд, ки роҳбарони оппозитсионро душман ва хоин эълон кунад ва онҳоро ҷисман нобуд созад. Аммо чуноне гуфтем фишор дар сангарҳои муқовимат ва мубориза болояш зиёд шуд ва ӯ дигар сари мизи музокирот наомада наметавонист, чун имкони 100%-аи барканорӣ ва дар ҷояш нишондани як арӯсак ва хусаи шабеҳи худи ӯ аз тарафи Русия вуҷуд дошт ва ягон проблема ҳам пеш намеовард, ки бар фарзе ба ҷойи Раҳмонов Убайдуллоев ва ё Достиев оварда шавад.

Эмомалӣ Раҳмонов барои онки худ ва ҳукуматашро аз нобудӣ наҷот диҳад, панҷ бор ба мулоқоти устоди шаҳид Саид Абдуллоҳи Нурӣ омад. Вай омад, на барои онки сулҳу оштӣ кунаду ба мардум оромиш ва осоиш оварад, вай омад, ки худ ва ҳукуматашро ҳифз кунад. (Тамоми ҳаводис ва иттифоқоти сиёсии рухдода баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ далел ва бозгӯи ин гуфтаи мо аст)

Ва, ҳар гоҳе, ки бо устод танҳо менишасту дарди дил мекард, ҷудо аз онки аз «нафасҳои гушнаи Маҳмасаид Убайдуллоев» ва «чашмони пур аз нафрати Абдумаҷид  Достиев» шикоят мекард, ба устод   ҳушдор ва огоҳӣ медод, ки «идомаи ҷанги ману шумо боис мешавад, ки будикҳо ҳукуматро боз бигиранд. Мо, набояд ҳукуматро ба онҳо бидиҳем». Дар яке аз навиштаҳои қаблии «Ислоҳ.нет» дар робита ба инки Раҳмонов то куҷо омода барои сулҳу оштӣ бо оппозитсион буд ба ин тарз тасвир шудааст:

“Боз ҳам такрор бишавад, таъкид ва гӯшнишон бишавад, ки Раҳмонов ба ҳеҷ ваҷҳ сулҳ кардан намехост. Баракс, ӯ ки бо шиори “Нест бод ислом” вориди Душанбе шуда ва ошкоро изҳор дошта буд, ки “равед ба Афғонистон ба назди ҳамон бобову бибиҳои пештар рафтаатон ва онҷоҳоро обод кунед”. Вай нияти сулҳу созишро надошт. Ҳамин Раҳмонов буд, ки баъди курсии риёсатро ишғол кардан мусоидат кард, ки нерӯҳои аҷнабӣ дохили мамлакат бишавад ва водии Қаротегинро бомбаборон кунад ва мардумро ба Афғонистон гуреза созад. Агар Раҳмонов қасду нияти сулҳ медошт, баробари нишастан ба чавкии қудрат сари мизи музокирот мешуд. Вале ӯ эълон кард, ки мувофиқ ба кирдорашон ҷазо мегиранд. Дар ҳоле, ки худи вай ҷангро идома дод ва дар пушти неруҳои аҷнабӣ ҳокимият бунёд кард.”

Ҳамин чанд соли пеш буд, ки мегуфт Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ баробар бо санади Эъломияи истиқлоли давлатӣ боаҳамият  ва боарзиш аст ва барои тоҷикон муқаддас ба ҳисоб меравад.

Раҳмонов соли 1999 барои худ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дод. Гуфта шуд, ки ин унвони олӣ ба вай барои он дода шуд, ки мардумро ба ҳам овард, гурезаҳои ҷанги дохилиро бозгардонд ва дар ба даст овардани сулҳ нақши муҳим гузошт. Ба баёни содаву одӣ бигӯем Раҳмонов ин мукофоти олии мамлакатро барои он ба худ ихтисос дод, ки тавонист бо устоди шаҳид сулҳ кунад (масалан Хусдеҳ рафтани ӯро айни шуҷоат ва шаҳомат ҷилва медиҳанд) ҳукуматашро бо ӯ тақсим кунад ва то ба сатҳи муовини аввали раиси ҳукумат нафареро оварад, ки як домулло ва як исломӣ буд ва дигар ҳарфи «Нест бод исломро» ҳам фаромуш кард. Устод Нурӣ дасти беҷони Раҳмоновро гирифту фишурду ҷон бахшид ва зери санади сулҳ имзо гузошту ба ҳукумати Раҳмонов умри дубора дод. Вагарна Раҳмонов амалан аз ҳама ҷо канда шуда буд ва ҳатто неруҳои ҷангии оппозитсион то километри 7уми Душанбе омада буданд, Қаротегину Бадахшон таҳти итоати онҳо қарор дошт ва имкони саддарсадаи ташкили маркази сиёсӣ дар яке аз ин ду минтақа барои мухолифин фароҳам омада буд. Узбакистон аз кумаку ёрӣ комилан мунсариф шуда ва Елтсин ошкоро Раҳмоновро ахтор дод, ки Русия дигар наметавонад ҳукумати туро рӯи даст бардошта гардад ва Назарбоев, Акаев, Ниёзов  ва Каримов ҳам таҳдид карданд, ки ё бо Нурӣ сулҳ мекунӣ ва ё дигар вуҷуд нахоҳӣ дошт. Ин аз зӯромад ва зӯровард буд, ки Эмомалӣ Раҳмонов бо Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик оштӣ бишавад ва сулҳ кунад. Ин ҳақиқат аст ки дар санади Сулҳ имзои Раҳмонов ҳаст. Аммо Раҳмон ба танҳоӣ онро имзо накардааст ва сулҳ амале нест, ки ба танҳоӣ бишавад ва сулҳро бо тарафе мебандӣ, чун сулҳ хатми ҷанг аст ва Раҳмонов, ки бо худаш наҷангида буд. Аммо ҳамеша маълум буд, ки самимӣ нест, кина ва кудурат дорад, пайт ва замон мехоҳад.

Вақе ӯ дар соли 2015 ба худ титули ҷаълӣ ва дуруғини «Асосгузори сулҳу ваҳдат»-ро эъто кард, ки дигар тарафи дигари сулҳро муталошӣ кард ва ғайриқонуниву ҳатто террористӣ хонд. Ҳоло савол ин аст ки агар санади Созишномаи сулҳ муқаддас аст, дар паҳлуи Раҳмонов имзои кӣ онро чунин мартаба бахшидааст ва агар бо устод Нурӣ сулҳ накард, чаро имзои ӯ дар ин санад вуҷуд дорад? Агар Раҳмонов Асосгузори сулҳ аст ин сулҳро бо кӣ кард? Бигирем, ки Раҳмонов Асосгузори сулҳ аст, пас устод Нурӣ чи мақоме дар ин сулҳ дорад? Дар ҳақиқат, вақте ба ин ҳама иттифоқот чира мешавед, мебинед, ки ба ҳеҷ гоҳ Раҳмонов холисона, сидқан ва аз дили соф сулҳ накарда будааст. Вақте дар соли 2003 ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид кард, маълум шуда буд, ки вай ҳеҷ гоҳ қасду нияти хубе бо ин мардум нахоҳад дошт. Вай, на танҳо бо мухолифинаш-тарафи дигари сулҳ қатъи робита карду онҳоро душману террорист хонд, то ҳамин имрӯз аз онҳо зиндагӣ ва ҳаётро гирифта истодааст.

«Соли 1998, вақте Маҳмуд Худойбердӣ шимоли кишварро ғасб кард, ин муҷоҳидин буданд, ки ӯро водор ба тарки кишвар карданд ва курсии аз даст рафтаи Раҳмоновро боз барояш баргардониданд. Шоҳидони ҳодиса мегуянд, ки он шабу рузҳо Раҳмонов бо чашмони ашколуд ба тарафи устод Нурӣ гаштаву гуфтааст, ки «акнун гурезагӣ навбати мо шуд».

Аммо, ин «муқтазои табиат»-и Раҳмонов будааст, ки бо табиат ва хуву хислат ва урфу одати одамӣ ва бахусус мусалмонҳо дар тафовути ҷиддӣ қарор дорад, ки бар ивази ин ҳама некиҳо фақат бадӣ кард. Раҳмонов тамоми сулҳу дастовардҳои сулҳу ояндаи давлату миллат, ояндаи оромишу суботи кишварро бо ояндаи оилааш иваз кард. Вай миллат, мардум, Ватан, давлат ва мамлакатро ба пойи бачаҳову духтарҳову Оилааш қурбонӣ кард. Ҳамин ҳоло ва айни замон Раҳмонов танҳо касе аст ки аз Сулҳу оштӣ фоида ва манфиат мебардорад. Арсаро барои нозу ҷавлону уштулуми худ холӣ кард, худро Асосгузор хонд, писарашро нафари дуввум, духтарашро нафари саввум, домодҳояшро сафиру қудаҳояшро вазир кард. Мунтаҳо тамоми авлодаш дар гирди дастурхони пур аз нозу неъмати давлат ҷамъ омадаанд ва ҳамакаса ба саломати сари ӯ қадаҳ мебардоранд ва дуои ҷондарозии ӯро мекунанд. Аммо ин «Асосгузор» Бадахшонро дар арафаи 25умин солгарди сулҳ оғушта ба хун кард, то инки Рустамро ба қудрат оварад, Фаромузро ба зиндон кашид, то инки ба Рустам рақиб нашавад. Нафаре, ки барои мулоқот, барои побусиву дастбусии устод Нурӣ омода буд ба «ун вари дунё биравад»,ҳоло дар омад-омади 25 солагӣ бародари ӯ ва бародарзодаҳои ӯро ба зиндон кашид. Агар Асосгузори сулҳу ваҳдат дар ҳақиқат асосгузори сулҳ буд, ниёзе ба ин ҳама душманӣ ва кинаву адоват дошт?

Вале, фикр мекунед, ки ин ҳама беҷавоб хоҳад монд? Дар ҳоле, ки дур намеравем, дигар Нурсултон Назарбоев «элбасӣ» нест, Раҳмонов то кай «Асосгузор» мемонад, асосгузоре,ки ҳеҷ гоҳ набуд…

Поёни бахши аввал, идома дорад бо “Ислоҳ” бошед, то бештар огоҳтар гардед! Бахши дуввуми ин вижаматолиби бахшида ба имзои созишномаи сулҳи мо : «Нақши Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, меъмори воқеии сулҳи тоҷикон» аст.

Ps: Лозим ба тазаккур аст ки ба ҳангоми омода кардани ин риштаматолиб аз навиштаҳову мусоҳибаҳои устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Абдумаҷид Достиев, Иброҳим Усмонов, Салими Аюбзод ва як қатор сайтҳо истифода шудааст.

Имрӯз метавонед навори ин матлабро дар шабакаи «ИСЛОҲ ТВ» бубинед!

Сообщение Сулҳ бо ривояти дигар. Баъди чаҳоряк аср появились сначала на ISLOH.net.

Мақомот «СММ»-ро дар кушташудани Бадахшониён гунаҳкор медонад
Мақомот дар Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид-муҳимтарин марҷаи байналмилалиро дар маблағгузорӣ ва ангехтани сокинон ба тазоҳуроти эътирозӣ дар рӯзҳои14-17майи соли ҷорӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мазнун мешуморанд.

Дар баёния ва суҳбатҳои расмии мақомот ва масъулин аз Паймони миллӣ, Ҳизби наҳзати исломӣ, Муҳиддин Кабирӣ ва Алим Шерзамонов, Улфатхоним Мамадшоева, Холбаш Холбашев ва Муҳаммадбоқир ва чанд нафари дигари зодагони бадахшонро ба унвони роҳбарони ҳаводиси рӯзҳои ахир дар ВМКБ ном мебаранд. Аммо  бино ба иттиллои дарёфтӣ, мақомоти тафтишотӣ дар Тоҷикистон гӯиё як сар маводу мадорике дар даст доранд, ки як гурӯҳи коршиносони СММ, ки дар арафаи ин ҳаводис аз ВМКБ боздид карда буданд, ба шуморе аз ин муътаризин доллар тавзеъ карда будаанд. Ин манбаъ гуфт, ки «ба назар мерасад, онҳо (СММ) ин сафари худро тибқи нақшаи қаблӣ ва ба манзури ноором кардани вазъият дар ин вилоят анҷом додаанд». Ин манбаъ гуфт, ки айни замон ин ҳолат аз тарафи хадамоти вижаи Тоҷикистон ба шиддат мавриди таҳқиқ қарор гирифта истодааст ва барои мусоидат дар ин кор як ҳайати ҳакерон аз Русия даъват шудааст ва барои онҳо дар пушти бинои марказии КДАМ дар Душанбе чанд хона ба иҷора гирифта шудааст. Ин гурӯҳи вижа корашон назорати телефонҳои афроди мазнун ва гумонбар будааст.

«Абдураҳмон Аламшозода, (Бузмаков) муовини аввали вазири дохилӣ ва раҳбари Ситоди мақомоти қудратӣ дар ВМКБ дар як ҷаласаи пушида бо маъмурони ин ниҳодҳо дар Хоруғ сармоягузории миссионерони СММ дар фоҷеаи моҳи май дар Бадахшонро дар миён гузошта ва дастур додааст, ки муфаттишон аз афроди боздоштшуда ҳамин ҳолатро бештар бозпурсӣ кунанд.»

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле ба сармоягузории СММ ба нооромиҳои ахир ВМКБ ангушти иттиҳом мегузоранд, ки як ҳайати монитории ин ниҳод дар арафаи ин ҳаводис ба ин вилоят сафар карда буд. Бинобар навиштаи «Pamir Daily News»  як ҳайати коршиносони СММ дар раъси Ленни Монтиел, раҳбари Барномаи рушди СММ (UNDP) аз Хоруғ дидан карданд.«Pamir Daily News» навишта буд, ки «аммо ин гурӯҳи мониторингӣ дар иҳота ва мушояати ходимони пулис аз шаҳри Хоруғ ва атрофи он боздид кард.”  Пойгоҳи хабарии мазкур дар ин хабари мухтасари худ навишт, ки «Дар ҳамон шабурӯз шумори низомиёни мусаллаҳ дар блокпостҳои Хоруғ ва атрофи он ба шиддат кам карда шуд. Дар микрорайони маъруф ба УПД ва гардиши марказии шаҳр низомиҳо бо калтакҳои резинӣ гашт мезаданд. Эҳтимол омадани миссияи СММ ба Бадахшон бо ҳадафи мониторинги вазъият чунин аксуламал ва бархурди ҳукумат ва қудратиҳоро  ба вуҷуд овард. Аммо, новобаста аз ин, сокинон барои баргузории эътирози осоишта омодагӣ мебинанд навишта буд»,Pamir Daily News.

Абдураҳмон Аламшозода, маъмури мавриди эътимоди Эмомалӣ Раҳмонов дар ВМКБ дар як ҷаласаи изтирории баъд аз як рӯзи ин ҳаводис, ки бо иштироки масъулини шаҳри Хоруғу навоҳии ин вилоят ва афроди соҳибнуфуз доир гардид, вақте аз Алим Шерзамон, Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашев ба унвони роҳбарони муътаризин ном мегирифт, дар хилоли сӯҳбатҳояш гуфт, ки «вай бо ташкилотҳои ҷосусӣ ҳамкорӣ кард». Инҷо аз Аламшозода, ки сӯҳбатҳояш дар ин ҷаласаро даҳҳо маротиба «ТВ.Бадахшон» нишон дод айнан нақли қавл мекунем:

«Мамадшоева Улфатхоним тамоми мардума якуним моҳ омада дар ҳаминҷо ташвиқот бурд, мардумро бар зидди сиёсат омода кард, гарчанде, ки ду маротиба ба мақомот даъват карданд, ҳам прокурори вилоят ҳам сардори амният бо ӯ сӯҳбати тулонии якунимсота доштанд. Фаҳмонданд, ки модари азиз, хоҳари азиз, шумо накунед, ки ин оқибати хуб надорад. Оқибат шумо мардума ба роҳгумӣ мебаред, мардум осеб мебинад, тартибот вайрон мешавад. Вай ай роҳаш нагашт. Тамоми ҷода рафт, тамоми шабакаҳо қатӣ вай кард, тамоми ташкилотҳои ҷосусӣ қатӣ ҳамкорӣ кард. Ҳамаи ин чизҳо исбот шудагӣ аст, ягон ҷои баҳсуш нест. Касе, ки мехоҳад далел, далелро мо нишон дода метавонем.»

Мо,наметавонем таъйид ва ё такзиб кунем,ки ин иттиҳоми мақомот то чи ҳад ҷиддӣ аст. Аммо онки онҳо дар бораи дасти дахолати «ташкилотҳои ҷосусӣ» ва «созмонҳои байналмилалии террористӣ» сӯҳбат мекунандро ҳамагон шоҳид ҳастем, агарчи ба ҷуз аз Паймони миллӣ ва Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҳеҷ гурӯҳи хоси сиёсие, чи дохилӣ ва чи хориҷӣ ва ё чӣ байналмилалӣ ном набурдаанд.

«Ислоҳ» дар робита ба ин иттиҳомоти ворида бо  Раиси ПМТ Устод Муҳиддин Кабирӣ ин масаларо пурсон шудем. Комилан ҳама иттиҳомотро рад ва бе поя ва асос номиданд. Посухи пурраи устодро дар барнома хоҳед дид.

Манобеи мувассақ ба «Ислоҳ» гуфтанд, ки Холбаш Холбашевро мақомот барои он муттаҳам мекунад, ки тавассути «Вотсап» ба муътаризин ва масъулони Паймони миллии Тоҷикистон, аз ҷумла Алим Шерзамонов дар тамос буда ва дар ташкили ин эътирозҳо даст доштааст. Ин иттиҳоми мақомот нисбат ба генерали Неруҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон то куҷо воқеият дорад, номаълум аст. Агарчи мақомот Холбаш Холбашевро сарҳанг мегӯянд вале ӯ генерал майор рутба дошту рутбаашро аз генерал майор ба Полковники пас карда ва боздошту иттиҳомаш намуданд.

“Ислоҳ” дар суҳбати телефоние бо Алим Шерзамонов муовини ПМТ ,ки дар ин ҳодисот айбдор мешавад ин саволро аз ӯ кардем. Шумо бо Холбаш Холбашев ягон тамос ва суҳбате бо вотсап ё воситаи дигаре доштаед?

Алим Шерзамонов ба саволи мо чунин посух гуфтанд: на имрӯз ва на дар гузашта аз замоне аз Тоҷикистон берун шудаам бо ҳеҷ касе тамос надоштаам ва ин як туҳмати маҳзи мақомот алайҳи мост. Ман хуб медонам суҳбат бо ёру дӯстон барои онҳо мушкилзо аст ва ман аслан инкорро намекунам.”

Аммо, вақте нафароне амсоли Холбаш Холбашев, ки баъди имзои Созиши сулҳ то ба имрӯз дар хидмати режими Эмомалӣ Раҳмонов қарор дошт ва гуфта мешавад, ки ҳатто як маротиба ӯро аз марг наҷот додааст, дар эътирози зидди ҳукуматӣ муқассир дониста мешаванд, водор ба мулоҳиза ва андеша мекунад. Иттиҳом ба чизе ҳеҷ шавоҳид ва далеле бар ин гуфтаашон надоранд.Магар афроде назири ӯ метавонад «террорист» бошанд? Магар афроде мисли Холбаш, ки як шахсияти низомӣ аст чи гуна даст ба «ғасб»-и ҳокимият мезанад, чун яқин аст ки имконот ва зарфиятҳо нобаробар аст.

Абдураҳмон Аламшозода дар ҳамин сӯҳбатҳояш ошкоро туҳмат мезанад, ки ин гурӯҳҳо аз соли 2014, ки вай ба Бадахшон омад, қасди «ғасб»-и ҳокимиятро доштанд. Вай, ки дигар ба унвони як фотеҳу ғолиб дар ин ҷаласаи изтирорӣ суҳбат мекард, ин бор ошкоро ба таҳдид ва дуғу дағдаға гузашт:

«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат 30сол ба ҳамаи бетартибиҳое, ки дар қаламрави вилоят шуданд, тоқат карданд. Зиёда аз 20 маротиба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятие, ки дар қаламрави вилоят фаъолият мекарданд, бахшиданд».

Абдураҳмон Аламшозода тарзе гап мезанад, ки ту гӯӣ, Эмомалӣ Раҳмонов, на раиси ҷумҳурӣ, на нафаре, ки мардум барои як муддати муайян интихоб кардаанд, балки наъузу биллоҳ як Пайғамбар аст ва ё як шахсияти бузурги динӣ ва мазҳабӣ аст.

Аламшозода ба ҳайси раҳбари ҳарбии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаромӯш мекунад, ки ин мардум дар ватани худаш аст. Ин мардумро шумо душман гирифтаед, онҳоро хоин ва террорист иттиҳом зада истодаед. Ин шумо ҳастед, ки бо истифода аз қудрати давлат болои мардуми Бадахшон зӯроварӣ карда истодаед. Шумо онҳоро куштед. Шумо онҳоро нобуд карда истодаед. Вай миннат гузошта истодааст:

«Шумораи зиёди иштирокдорон зинда дастгир карда шуданд. Миннат гузошта истодааст дар ҳодисаи 25 ноябри соли гузашта якунимҳазооро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карданд».

Савол инҷост, ки тоқати 30 солаи Раҳмонов ва Аламшозода дар баробари ВМКБ чӣ маъно дорад? Вай мехоҳад чӣ бигӯяд? Раҳмонов 30 сол помириҳоро тоқат кардааст, ва ҳоло сабраш ва тоқаташ сар рафтааст, ба охир расидааст?  Чаро?  Чаро 30 сол тоқат кардаасту дар поёни умраш сабраш аз даст рафтаасту онҳоро ба рагбор басту ҷӯи хунро дар кучаҳояшон сарозер кард? Яъне Раҳмонов ниқор ва қасди 30 соли пешашро мегирад ва ин ҳама террористу гурӯҳҳои муташаккли ҷиноӣ гуфтанҳо баҳонае беш нест?

Дар ҳамин ҷаласа Меликзода. М. И муовини раиси КДАМ, ки чанд ҳудаву беҳуда зикри номи СС.Ятимов кард, ошкоро таҳдид ва фишор меовард, ки агар роҳро накушоед ҳоли Рушонро ба саратон меоварем: «Ин таҳдид нест, ин воқеияти реалӣ аст». Ва, мардуми дар ин ҷаласа ҳузур дошта, то ҳамин Алишер Мирзонаботи лаганбардори ғосибон сарашро хам мекард. Дар чеҳраи ҳеҷ яке аз онҳо дида намешуд, ки онҳо аз ин амали мақомоти одамхӯри Раҳмонов розианд.

Аммо на Аламшозода ва на ҳамин Меликзода аз худ намепурсанд, ки чаро онҳо масъулу маъмур дар ин вилоятанд? Вақте мардуми ин вилоят аз дидани талъату дидори шумо «аллергия» доранд, шумо боз ҳам меоеду ба ин мардум «дикта» мекунед. Ин воқеиятро набояд сарфи назар кард, ки аз чанд сол ба ин тараф маҳз СС.Ятимов, Р.Раҳимзода, ШералӣХайруллоев вазири пешин ва Шералӣ Мирзо, Абдураҳмон Аламшозода, Шариф Назарзода, ҳамин Меликзода ва боқии дигар, ки ҳамагӣ зодагони маҳаллеанд, ки мардуми помир бо онҳо мушкил доранд, тақдир ва сарнавишти помириҳоро ҳал мекунанд ва онҳо иҷозат медиҳанд ва онҳо таъйин мекунанд,ки помириҳо чи хел зиндагӣ кунанд? Корро ба ҳадде чигил ва печида карданд, ки раиси шаҳри Хоруғ маҷбур шуд, аз нифоқандозиву тавтиачинӣ кор бигирад ва дар ҳамин ҷаласаи изтирорӣ мегуфт : “помириҳои пайрави мазҳаби исмоилӣ ба ташкилоти террористии ҲНИТ чи кор доранд?” Манзураш ин аст, ки онҳо дар дигар мазҳабанду мо дар дигар мазҳаб. Аммо намегуяд, ки чаро барои сокинони ин вилоят ҳатман сардори милиса, сардори амният, раиси додгоҳ, додситон, сардори идораи андоз ҳамагӣ аз Данғара оянд. Чаро? Дар ҳоле, ки маҳз бо омадани ҳамин мардум дар қудрат пойи помириҳо аз Душанбе ва Қурғонтеппа канда шуд ва ҳазорҳо бадахшӣ танҳо барои бадахшӣ будан кушта шуданд.

Акнун, ин ҳолат айни ҳамон ҳолате аст ки болои сари Ҳоҷӣ Ҳалим оварданд: «ғасби ҳокимият». Холбаш Холбаш «ғасби ҳокимият» кардааст. Ва «виставка»-и силоҳу афзори ҷангӣ намоиш дода мешавад, ки аз дасти террористҳо мусодира шудааст. Агар онҳо ин қадар силоҳу муҳимот доштанд, магар аз шумори низомиҳо ҳамагӣ як нафар кушта мешуд? Агар онҳо снайперист доштанду позитсия гирифтанд, чаро касе аз мақомот кушта нашуд? Ҳамаи ин иттиҳомот туҳмат, дурӯғ, бофтаву сохта ва ҷаълӣ аст. Бардуруғ намоиш доданд то бо ин васила ҷинояти зиддибашарии худ, генотсиди мардуми Бадахшонро тавҷеҳ кунанд. Як сабаби қатлу куштори помириҳо он буд, ки тарсу ваҳшат аз дили тоҷик абадан берун нашавад. Раҳмонов тули ин ҳама солҳо фақат фазоро амниятӣ ва олуда ба ваҳшат кардааст. Мо, борҳо гуфтаему боз мегӯем, ки Раҳмонов дар замони осоишта мудирият ва раҳбарӣ карда наметавонад. Аммо савол ин аст ки дар чунин ҳол пас Рустам бояд чи гӯна риёсат кунад?

«Аммо Абдураҳмон Аламшозода аз ҳамон соли 2014, чуноне худаш ҳам иқрор карда ба забони ҳол омад, бо мардуми Бадахшон мушкил дошт. Зеро худи вай ҳам на як бору ду бор талош карда буд, ки лидерони ин мардумро дастгир кунад. Вақте вай мегӯяд, ки чунин корҳо дар ягон гушаи дигари Тоҷикистон такрор нашудааст, вақте вай мегӯяд, ки Раҳмонов онҳоро, саркардаҳои гурӯҳи муташаккили ҷиноии вилоятро қабул кард, бонкҳоро дастур дод, ки ба онҳо қарз диҳанд, тиҷорат роҳ андозанд….чи қадар заҳру дарди дар дарунаш бударо берун мекунад. Вай, ки бо дастони худаш генерал Маҳмадназар Солеҳов, собиқ вазири дохилиро кушт ва дар пеши чашмони писари хурдсоли Солеҳов аз туфанг ба чаккаи сараш тир андохт ва ба садоҳои имдодталабонаи вай, ки зораву илтиҷо мекард  «Абдураҳмон, Абдураҳмон, чи кор мекунӣ»-ҳиҷ аҳамият надод, ҳоло фикр мекунед, ки ба мардуми помирӣ раҳм мекунад?»

Бинобар маълумоти дар ихтиёри мо расида Аламшозода дар ҳамла болои мардуми Бадахшон ин бор аз 40 то 50 нафар помириро куштааст ва ҳоло на ҳамаи аҷсодро таҳвил додаанд. Мардуми Помир бо чашмони сарашон на як бору ду бор диданд, ки ғосибони омада аз як маҳаллаи муайян бархурди инсонӣ бо онҳо надоранд, онҳоро дар чашми як ҳамватан намебинанд. Бахусус, ки ин бор ҳатто иҷозат надоданд, ки маҷруҳини ҳанӯз зиндаро ёрӣ бирасонанд ва онҳо бар асари хунрезии зиёд кушта шуданд. Феълан дар ВМКБ ҳам аз вазорати дохилӣ, ҳам аз вазорати мудофиа, ҳам аз Кумитаи амнияти миллӣ ва ҳам аз Гвардияи миллӣ неруҳоро муқобили мардум гузоштаанд. Абдураҳмон Аламшозода ин бор гӯиё дигар «кор»-и помириҳоро тамом кард. Гуфт Раҳмонов қасди 30 солаашро гирифт. Аммо манобеи мо мегуянд, ки ҳамин ҳоло ҳам бо мардум натавонистаанд канор оянд ва ҳамарӯза занҳо барои додхоҳӣ назди мақомот меоянд. Авзоъ дар Бадахшон зоҳиран ором аст. Зану марди бадахшӣ, ки ҳукумати Раҳмонов террористашон мехонад дар ҳифзу ҳимояти Муҳаммадбоқир ва ҳамроҳонаш омодаанд ҷон бидиҳанд. Агарчи Аламшозода онҳоро террорист мехонанд аммо Созмони Милали Муттаҳид баракс истифодаи неру аз тарафи давлат муқобили эътирози сокинони осоиштаро «ғайриқонунӣ» арзёбӣ кард.

«Созмони Милали Муттаҳид ҳукумати Тоҷикистонро дар куштори беш аз 40 нафар аз эътирозгарони осоишта муттаҳам кард. Дар баёнияи гузоришгари СММ зикр мешавад, ки  Аксуламали сангини ҳукумат барои хатми эътирози ақалиятҳои помирӣ, боздоштҳо, истифодаи аз андоза зиёди қувва ва ғайриқонунии он ва ҷалби артиш бисёр ҳам нигаронкунанда аст.»

СММ эҳтимоли аз контрол хориҷ шудани вазъ дар ВМКБ –ро истисно намекунад ва ба давлати Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки сари мизи муколама нишинад. Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба ин тавсия маълум нест, аммо баъид ба назар мерасад, ки мадорику далелҳо ба иттиҳоми маблағгузорӣ ва барангехтани мардуми Бадахшон аз сӯи ин созмонро ироа кунанд, чун аз ҳамин ҳоло маълум аст ки ин як иттиҳоми бепоя ва бе асос аст.

Ҳангоми навиштани ин таҳлил хабари шаҳодати Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқир дар “Озодӣ” чунин хабар интишор шуд:  “Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, рӯзи 22 май соати 17:30 дар шаҳри Хоруғ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров кушта шуд. Дар хабари оҷонсии расмии «Ховар» бо такя ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ гуфта мешавад, ки куштори ин сокини маҳаллаи Хоруғи Боло «бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ» рӯй додааст. Дар хабари расмӣ ӯро «саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии м. Бархоруғ» номидаанд. Дар хабар омадааст, ки аз рӯи ин ҳодиса прокуратураи вилоят тафтишоти пешакиро оғоз кардааст.”

Ps: Дар ниҳоят режими Раҳмонов бо зархаридони дар Бадахшон мустақар ва эъзомии худ Муҳаммадбоқирро бо снайпер аз дур ба шаҳодат расониданд. Боз шарм нокарда аз тарсашон ин ҷинояти ваҳшиёнаи худро «бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ» гуфтанд. Ҳатто аз дур монеъи гирифтани ҷасади бе ҷони  ӯ шуданд. Раҳмонов аз зиндааш ҷои худаш аз ҷасади бе ҷони Муҳаммадбоқири ин қаҳрамони миллӣ дар ҳарос аст. Тибқи маълумоти охир ҷасади Муҳаммадбоқирро, ки дар беморхонаи Хоруғ аст ба наздиконашон намедиҳанд. Баъзе маълумотҳои дигар ҳам ба “Ислоҳ” расидааст,ки ин куштор ё террор тавассути кишвари ҳамсоя сурат гирифта аст.  Ҷузъиёти онро дар таҳлили ҷудогона мӯшикофона баён хоҳем кард.

Сообщение Мақомот «СММ»-ро дар кушташудани Бадахшониён гунаҳкор медонад появились сначала на ISLOH.net.

Дурӯғи беҳаду марз, Сайфулло Сафаров чаро ҷавононро гумроҳ кардани аст?
Яке аз дӯстонам, ки дар Амрико ба сар мебарад, пурсид, ки навори сӯҳбати Сайфулло Сафаров, собиқ муовини мудири Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо газетаи «Ҷавонони Тоҷикистон»-ро дидам ё не? Гуфтам вақт надорам, чун  дигар маълум аст ки Сайфулло Сафаров чи мегӯяд. Аммо вақте ӯ гуфт, агар бубинӣ, ҳатман беҷавоб нахоҳӣ монд, кунҷкоб шудам ва дидам. Дидаму дар ҳайрат афтодам. Як нафар шахсе, ки худро сиёсатмадору сиёсатшиносу стратегу  коршиносу…..  мешиносонад, ҳатто дар ҳамин мусоҳиба ҳам «мо-стратегҳо»-мегӯяд, бо як такаббуру ғуруру манманӣ ҳамчунон лоф мезанад, ки ту гӯӣ Тоҷикистон дар кафи дасту мушти ӯст.

Эй, руят сиёҳ Сайфулло Сафар. Ин дурӯғро боз аз куҷо пайдо кардӣ? Ё шояд барои сафари Пешвоят хостӣ як чизҳое бигӯӣ? Гапро кутоҳ мекунаму он тикаи сӯҳбаташро инҷо ба таври катбӣ  иқтибос мекунам:

«Ҳеҷ кас намегӯяд, ки Толибон ҳақ надоранд дар Афғонистон набошанд. Бигзор бишинанд, аз андешаҳои террористии  худашон  даст бикашанд, чуноне, ки як замоне Ҳизби Наҳзати исломиям дар гурӯҳҳои террористии Созмони милал буд, мо пешниҳод кардем ва онҳоро овардем ба Тоҷикистон ва дар ҳайати ҳукумат ҳам ҷой додем 30 фоиз. Ин формулаи сулҳи Эмомалӣ Раҳмон ном дошт ва номам дорад, дар таърих монд ин. Бигзор ҳамин хел кунанд: 30 фоиз тиян, 20 фоиз тиян, чанд фоизе, ки барои онҳо қобили қабул аст, лекин куштани мардуми Афғонистона бас кунанд…»

Ҳоло фаҳмидед, ки ин сӯҳбат роҷеъ ба Толибон аст. Аммо мо дар ин бора, дар бораи назарияҳои бикру машваратҳои ин як замон мушовири аршади Эмомалӣ Раҳмонов роҷеъ ба Толибон чизе намегӯем. Фақат ҳаминро гуфтанием, ки агар шумо аз ҷумлаи аввали ҳамин иқтибос чизеро фаҳмидед, фаҳмидед, ки манзури Сайфулло Сафаров чи аст, чи гуфтан мехоҳад, пас шумо хеле ҳам зарангу забардаст будаед!!! Чун ман даҳ бор хондам чизе нафаҳмидам.

Вале, мо ба ин қисмати ин иқтибос кор дорем:

«як замоне Ҳизби Наҳзати исломиям дар гурӯҳҳои террористии Созмони милал буд, мо пешниҳод кардем ва онҳоро овардем ба Тоҷикистон ва дар ҳайати ҳукумат ҳам ҷой додем 30 фоиз. Ин формулаи сулҳи Эмомалӣ Раҳмон ном дошт ва номам дорад, дар таърих монд ин»

Ин ки Сайфулло Сафаров, як лесаку як мурғаку як хушомадгӯву як …оямолу  як чоплуси Эмомалӣ Раҳмонов ҳаст, як воқеият аст. Ва, инки Сайфулло Сафаров, танҳо ва танҳо ба хотири маҳал аз Раҳмонов меситояду мадеҳа месарояд, ин ҳам айнуляқин аст, шакке надошта бошед.

Аммо дар ин васат тамоми дунёро ба пойи Раҳмонов рехтан, бар пояи кадом аслу асосе аст? Чиро дурӯғ мегӯяд, ки «Ҳизби наҳзат дар гурӯҳҳои террористии Созмони милал» буд? Кай буд? Кадом сол? Далелу мадраку ҳуҷҷату санадат ку?

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ, на дар давраи муқовимат ва муборизаи аввалаш дар солҳои 1992-1997 ва ҳоло дар листи созмонҳои террористии  ягон созмон ва ягон давлат қарор надоштааст. Ин як орзу ва хобу хиёли сайфуллосафаровҳо ва эмомалӣ раҳмоновҳо аст, ки иншоаллоҳ ба гӯр хоҳанд бурд.

«Дар муқовимати солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, вақте Суди олии Тоҷикистон дар соли 1993 ҲНИТро мамнуъ эълон кард, чунин таъбири туҳматомез: террористӣ истифода нашуда буд. Аммо Сайфулло Сафаров онро аз куҷои баданаш берун овард? Ё шояд бо таваҷҷӯҳ ба аудиторияе, ки дошт барояшон фазлфурӯшӣ мекард, пиндошт, ки мешавад дар хӯрди онҳо дурӯғро ҷой ва мафкураи онҳоро тира кард?»

Мехоҳад  ҷавонони кишварро гумроҳ бисозад, дар мағзашон кизбу буҳтон бирезад? Магар ҳамин мағзшӯӣ ба ҳисоб намеравад? Ҷавонони ноогоҳро амдан ва дидаву дониста маълумоти дурӯғ додан?

«Ё, шояд Сайфулло Сафаров ҳушу хотираи худро аз даст дода бошад? Маҷнун ва аз ақл бегона шудааст, ки чизи набударо буда ҷилва медиҳад?»

Бори дигар мепурсам, ки ку санад, ку мадраки Созмони милал, ки ҲНИТро террорист хонда бошад? Он солҳо, чуноне тазаккур додем, ҳатто ҳамин тӯҳмати террористро  ба Ҳизби наҳзат нисбат намедоданд. Аз куҷо гирифтӣ ин барчаспро?

Баракс СММ барои ҲНИТ миёнарав буд. СММ барои ҲНИТ фиристодаҳои вижа дошт ва ин фиристодаҳои вижа  ҳаргиз ороми надоштанд: мерафтанд Толиқон, меомаданд Теҳрон, меомаданд  Исломобод, Маскав ,Алмаато, Бишкек Ишқобод то  ки бо устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ-муассис ва бунёдгузори ҲНИТ ва ҳамсафону ҳамроҳони ӯ биншинанду сулҳу созишро тарроҳӣ бикунанд.

Ин СММ буд, ки сафарҳои расмиву кории ҳайатҳои баландпояи ҲНИТро дар ақсо нуқоти  олам  барномарезӣ мекард, мулоқоту дидори онҳо ба роҳбарияти давлатҳо ва сиёсатмадорони маъруф ва созмонҳои байналмилалиро ташкил ва маблағгузорӣ мекард.

Сайфулло Сафарови дурӯғгӯ!!

«Дурӯғ торикии имон аст!! Куҷост он коғаз ва қарори СММ, ки Ҳизби наҳзатро террорист хонда бошад? Ин чунин коғаз ва қарор то ба ҳамин имрӯз вуҷуд надорад, агарчи режими Раҳмонов ин бор низ, аз соли 2015 ҳазорҳо парванда сохта ба ҳама «инстансияҳо»-и байналмилалӣ ва давлатӣ  фиристода аст ва ҳоло ҳам мефиристад.»

Аммо баракс, СММ роҳбар ва роҳбарияти ҲНИТ-ро дар муҳимтарин ҷалсаҳои бозу пӯшидаи худ даъват мекунад. Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва дигар давлатҳои мутамаддин низ, ин даъвату дархости Раҳмоновро, ки ҲНИТ-ро вориди феҳристи гурӯҳҳои террористӣ кунад, напазируфтанд.

«Аммо баракс СММ ва ниҳодҳои вобастаи он, ҳамчунин Иттиҳоди Урупо ва Амрико борҳо аз режими Раҳмонов талаб карданд, ки зиндониёни сиёсии ин ҳизбро озод кунад. Ин чӣ маъно дорад? Ин маънояш ин аст, ки тамоми қарору аҳкоми Раҳмонов дар нисбати ҲНИТ бофтаву сохтаву дурӯғ аст.»

Бале, дар ҳақиқат Раҳмонов  якҷо бо чоплусону тардоманонаш, хушомадгӯҳову мадоҳонаш аз ҲНИТ сахт метарсанд. Фикр мекунед барои чӣ ба Сайидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовинони раиси ҲНИТ аввал ҳукми абад доду баъд худашро «модомулумр»  эълон кард?

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ-ро ба Интерпол супурд. Интерпол дошт, аммо тафтишу тафаҳҳус кард, ки иттиҳоми Раҳмонов дар нисбати вай танҳо рашку ҳасад аст, озодаш кард. На танҳо озод, балки аз листи афроди таҳти таъқибаш ҳам берун оварду гуфт,ҳарҷо аз дунё,ки мехоҳӣ бираву бигард.

Магар террористро раҳо мекунанд?

Сайфулло Сафар мегӯяд, ки «овардем ба Тоҷикистон ва дар ҳайати ҳукумат ҳам ҷой додем 30 фоиз». Яъне Сайфулло Сафаров ҲНИТ-ро «овардаст». Мегӯянд, ки қурбоққа пояшро бардоштаст, ки наъл занед. Тамоми Тоҷикистон медонад ва шоҳид аст, ки гуфтед «равед Афғонистон,пеши бобову бибиҳоятон ва онҷоро обод кунед. Дигар наоед!!» Ин буд хосту хоҳиши шумо.

Аммо ин ҲНИТ ва муҷоҳидини ҷонбаркафи ӯ буд,ки баргаштем, вагарна туву Раҳмонов ҳеҷ гоҳ намехостед, ки баргардем. Мо барои бозгашти сарбаландона  ба ватанмон ҷангидем, дар ҷанг мағлуб кардем, то Теппаи Самарқандӣ, кӯчаи Каратегинская ,  то 3юм база омадем. ВМБК, Ғарм, Ҳисор дар итоати ИНОТ буд. Раҳмонов Хустдеҳ омаду поҳои устоди шаҳидро бӯса кард. Гуфт набояд дигар ҳукуматро ба ленинободиҳо диҳем. Ёдатон рафтааст Сайфулло Сафаров?

«Ин формулаи сулҳи устод Нурӣ буд. Ин гузаштҳои устод Нурӣ буд. Раҳмонов ба ҳеҷ ваҷҳ сулҳ намекард ва бо гузашти чанд сол ва бо тасарруфи қудрат бори дигар нишон дод, ки аҳли созишу сулҳу оштӣ нест, вагарна мо боз дар дори ғурбат ва дар ҳавову ҳавас ва ҳасрати хонаву дару хешу табору ватан намебудем. Ва, Раҳмонов хонаву оғилу мабразу замини моро ба фурӯш намегузошт. Раҳмонов  куҷо формули сулҳ дошт. Шахси формули сулҳ дошта аз қавлаш мегардад? Дар дасти Раҳмонов буд, ҳеҷ гоҳ намеовард. Илоҷ надошт, ки овард.»

Ба фурӯш гузоштани хонаҳои мо ба кадом хотир аст? Мехоҳад мо комилан аз рӯйи замин маҳв бишавем, нақшу нишоне боқӣ намонад. Аммо мо ин имкон ва ин шароитро ин шо Аллоҳ  барояш нахоҳем дод ва мисли соли 1997 боз дубора бо сари баланд бархоҳем гашт.

Агар Раҳмонов оварда бошад, агар Раҳмонов формулаи сулҳ дошта бошад, ку  ҳоло ҳам нишон диҳад?

Ҳамин имрӯз ҳам як бағоҷи калоне пур аз парванда овардааст, ки маро аз Фаронса бигиранду ба ӯ бисупоранд. Хуб, ки чи мешавад? Ба охир мересад? Ман мисли Раҳмонов фарзанди фарзона, ва танҳову тоқаву ягонаи давру замон нестам. Ҳазорҳо чун ман боз мебароянду «Ислоҳ.нет» неву  боз ягон сайту телевизиони дигар масалан «Раҳмон.нет» месозанду идома медиҳанд. Чунки медоннад, ки то Раҳмонов ҳаст Тоҷикистон дар ҳолати изтирорӣ, дар ҳолати офату фалокат қарор дорад. Онро бояд ба ҳолати одӣ ва муқаррарӣ баргардонд, офату фалокатро аз сараш дур афканд. Ва,ин корро ин шо Аллоҳ ҲНИТ хоҳад кард!!!

«Сайфулло Сафаров барои он чунин дурӯғи беҳадду марз гуфтааст, ки  тамоми ин ҳама муддат дурӯғ гуфтааст. Он қадр дурӯғ гуфта, ки дигар фосила ва фарқи рост бо дурӯғро наметавонад ташхис ва таъйин кунад. Чунки барои ин дурӯғҳояш муҷозот намешавад , баракс мавриди марҳамат қарор мегирад. Ҳар қадар ки дурӯғ бар зидди ҲНИТ бошад ва ҳар қадар ки дурӯғ ба Раҳмонов маъқул ва форам бошад, онро гуфтан  манфиатбахш аст. Сайфулло Сафаров талош кардааст,ки бифорад ва бифоронад. Агарчи хеле «пенсиа»-и кам мегирад, вале «форондан»-ро нағз мебинад, наметавонад «нафорононад».

Наҳзати исломии Тоҷикистон танҳо ҳизби сиёсӣ дар тамоми қаламрави шӯравии пешин аст, ки   дар сатҳи байналмилалӣ пазируфта шуда ва як ташкилоти фаротар аз як ташкилот аст. Ин ҳизб намунаи олии як ба истилоҳ «исломи муътадил» ва “Васатӣ” аст ва бори дигар такрор ҳам шавад, ба ҷуз аз Раҳмонов ва чоплусони мисли Сайфулло Сафарови дар давру бари ӯ  касе онро созмони террористӣ намегӯяд. Гумони Сайфулло Сафаров ин аст, ки дигар ҲНИТ дар хориҷа мемонад. Барнамегардад. Касе ӯро барои туҳмат ва дурӯғ ба додгоҳ намекашад.

Аммо ҳар амалро подоше ва ҳар суханро  ҷавобе ҳаст.

Сообщение Дурӯғи беҳаду марз, Сайфулло Сафаров чаро ҷавононро гумроҳ кардани аст? появились сначала на ISLOH.net.