Архивы Сомон Эйр - ISLOH.net

Семейка news №23
Моҳномаи бистусеюми  «Семейка» аст, ки ин бор низ бо Ахбори ҷолибу рангин, ки фақат дар сафаҳоти марбут ба мо мунташир мешавад ва низ матлабе дар бораи Дилшод Ҷӯразода, раиси Бизнесинкубатори Тоҷикистон, раиси «гурӯҳи 55» ва аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ таҳия шудааст. Дуруст, ки дар бораи Дилшод қаблан ҳам дар шумораҳои пешини  маҷаллаи Семейка навишта будем.

Ба ин далел, ки дар бораи вай чандин маълумоти тару тоза ба дасти мо расид, лозим донистем дигарбора ӯро ба ҳайси  «қаҳрамон»-и имрӯза интихоб намоем.

Зиёд шуморо мунтазир намекунем ва шурӯъ мекунем аз ахбор ва реза ахбори маҷаллаи нави «Семейканюс-23»

Ахбори Семейка

Мактаби №15и Душанбе

Ин нақл аз як нафаре, ки бо Исмати дулик дар СИЗО нишаста буд ба дасти мо расид. Аэропорт ВИПзал –толори истиқбол ва бадрақаи сатҳи олӣ дорад. Табиист, ки мудири фурудгоҳ ҳамеша информатсияи мувассақ дорад, ки Президент кай берун меравад ва кай бармегардад. Ва ҳамин тавр аз сафарҳои аъзои оилаи президент ва меҳмонҳои баландпоя, роҳбарони давлатҳо, ҳайату комиссияҳои давлатӣ, ки аз хориҷа меоянду ба хориҷа мераванд, роҳбарони давлатҳоро пешвоз мегиранд, кӣ пешвоз меравад огоҳ мешавад. Духтарони 15 -16 сола, синфҳои 9,10-и мактаби рақами 15 Душанбе барои истиқболи меҳмонони баландпояи ҳукумат ба фурудгоҳ ва майдонҳои аз қабл омодашуда ҷалб карда мшаванд. Директори ин мактаб солҳои пеш зани Давлаталӣ Давлатзода, муовини раиси ҲХДТ-муовини Эмомалӣ Раҳмонов буд. Ин духтарҳо  дар ҷараёни машқу тамрин қариб ҳамааш аз тарафи охраннаи Президент таҷовуз ё мавриди истисмори ҷинсӣ қарор мегиранд. Ба гуфтаи Исмати дулик дар онҷо боз ду синфро синфи протоколӣ мегуфтаанд. Дар ин ду синфи протоколӣ аз тамоми мактабҳои Душанбе духтарони хушруро ҷамъ мекунанд ва вақти пешвоз аз онҳо стифода мебаранд. Ҳоло аз он духтарҳои истифодаи ҷинсӣ шуда дар любой фоҳишахонаҳои Дубай, Туркия ва Русия ҳастанд.  На камтар аз 10 телехи президент аз байни онҳо зан гирифтаанд. Дар чанд соли гузашта аз ин духтарони пешвозгиранда се нафараш мурд. Охирон духтари фавтида Шавкат Мирамонвичро пешвоз гирифта буд, ки ин соли  2017 ё 2018 буд. Бинобар ин маълумот Юсуф Раҳмон, котиби Шӯрои амният дар вақти Прокурори генералӣ буданаш аз ин мактаб чанд арус ҳам доштааст.

Талаби Тахмина аз падараш

Тахминаи Клеопатра аз падараш талаб кардаст, ки СС. Ятимовро аз кор гирад. Тахмина, ҳанӯз аз солҳои пеш СС.Ятимовро шум медид. Ба он ҷиҳат, ки СС.Ятимов  бо «слежка» амнияти духтарҳои Ҷанобро «таъмин» мекард ва гоҳо баъзе аз гапу гапчаҳо, ки берун мешуд, Тахмина онро аз СС. Ятимов медонист…

Тахмина ба Раҳмонов гуфтааст, ки бисёр ҳам шубҳаовар аст, ки ягон источникро натавонист ёбад. Агар меёфт дар бораи оилаи мо ин қадар гап намебаромад. Гуфтааст: «ба фикри ма ҳамӣ паати муғул хдш через одамош роӣ мекна гапора ба Муҳммадиқбола».

Раҳмонов дар ҷавоб гуфтааст: «бачам камтари дига бестен, ҳамаша даф мекнум».

Арабзода Нуралӣ Сайвалӣ қудои нав ё навбатии Озода

Муовини вазири нақлиёт Арабзода Нуралӣ Сайвалӣ аз Данғара аст. Лоиҳаи навсозӣ ва тармими роҳҳои кишвар, мумфаршсозӣ ҳама дар дасти ӯст. Аз бист миллион доллар  5 миллион доллар откат мегирад. 25 фоиз ҳақаш аст. Корро медиҳад, вале тавассути дигар фирмаҳо аввал доляашро обналичка карда мегирад. Баъд як қисми суми корро медиҳад. Аммо баъд суматро пурра намедиҳад. Ана баъд бозор сар мешавад. Боз ҳатман «ҳақ» медиҳӣ, то инки пули корро бигирӣ. Арабзода дар солҳои пеш дар вазифаҳои директори Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои тоҷик», директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо  кор кардааст. Рехтани хоки партов дар рудхонаи кони тиллоро ҳамин Арабзода сар карда буд. Дар як сол миллионер шуда рафт, дигар муҳити зисту экология ба ӯ чӣ? Арабзода соли 1975 таваллуд шудааст. 50 сола. Қарор аст бо Озодаи Раҳмон қудо шавад.  Духтари  Озодаро келин мекунад.

Муҳиб ва барканории Аваз Назарзода аз Прокуратураи Хатлон

Сарусадоҳо дар бораи аз вазифаи Прокурори вилояти Хатлон барканор шудани Аваз Назарзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ то дер вақт идома дошт. Аксарияти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар ин масъала андешаҳои худро иброз доштаанд, бахусус онҳое, ки ҷаноби Назарзодаро мешинохтаанд, аз вай ба унвони як корманди ҳирфаӣ ва боинсоф ном бурдаанд. Дар бораи ҳирфаӣ, мутахассиси арсаи ҳуқуқ будани ӯ чизе намегӯем, аммо дар бораи боинсофии ӯ  мешавад гумон зад, ки шояд дар қиёс ба дигар кормандони Прокуратура нафси бад надошт.

Вале иллати барканории ӯ тамоман чизи дигар будааст.

Бачаи Муҳиби номард бошаму зинда бошам, дар прокуратураи вилояти Хатлон кор мекардааст. Писари Муҳиб касеро дар ҷойи кораш писанд намекардааст, ҳатто  чанд навбат дар ҷаласаҳо нисбати роҳбарият ошкоро беэҳтиромӣ мекунад ва супоришҳоро ҳам агар ки худаш хост иҷро мекардааст. Аз ҷониби корафтодаҳо ҳам аз болои вай шикоят бисёр мерасад.

Дар як ҷаласа Аваз Назарзода мехезонаду «бар  падарт лаънат, дузд, ҳаромхур» гуфта ӯро сахт танбеҳ медиҳад. Аммо посухи писари Муҳиб дер давом намекунад. Аваз Назарзодаро  барои «кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад» ва низ барои «риоя накардани санадҳои меъёрии соҳавӣ», аз кор меронанд.

Ин ба он маъно аст ки на фақат Раҳмонову оилааш, балки наздиконаш ҳам ана ҳамин гуна нуфузу ҷойгоҳ доранд ва пишаки онҳоро пишт гуфтан номумкин аст.

Қиссаи «Бошукуҳ» дар бузкашии Ҳисор

Дар шабакаи Ютуб навори бузкашии Ҳисор, ки бахшида ба рӯзи 6 ноябр, Конститусияи Тоҷикистон баргузор гардид, дар ҳоли тоб хӯрдан аст. Аммо дар ин навор ончиро ки инҷо менависем шумо намебинед. Гап дар бораи зарбу латти як човандоз меравад. Ин човандоз вақте савораи аспи Бошукуҳ бузро гирифта самти марра меравад, бузро чанг мезанад ва канда мегирад ва меғалтонад. Шоҳбача-Рустам ҳам дар ин маъракаи бузкашӣ ҳузур дошт. Вақте ин ҳолатро мебинад, ки буз аз дасти човандози Бошукӯҳ гирифта мешавад, хеле ҳам оташин ва дар ғазаб мешавад. Охраннаи вай он човандозро мебаранд сахт латту кӯб мекунанд. Ин човандоз як бало карда худро наҷот дода аз майдон мегурезад. Бузро аз нав мегиранду ба дасти човандози Бошукӯҳ медиҳанд ва вай бурда ба марра мерасонад. Бояд ҳама бидонд, ки Бошукӯҳ аспи №1-и ҷумҳурӣ аст.

Амриддин (Амриддин Нахшов, раиси кони тиллои Шугнов, писархолаи Рустам)дар маъракаи буз регуровшик аст, то човандози дигаре онро напартояд. Фақт аспи худаш ва Рустам бояд партояд.

Бошукӯҳ аспи Рустами Эмомалӣ аст.

Телехи Раҳмонов: «Зани Ҷанобта….

Чанд соли пеш Эмомалӣ Раҳмонов ба Ваҳдат меояд. Барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани домҳои сохтаи раиси ширкати «Ёқут» Ҳалими сиёҳ. Ин бародар нақл намуд, ки

ба онҷо рафтам. Мехостам Ҷанобро бинам. Одам хело зиёд буд. Ҳамаи мардумро гузаштам ва то ба наздикии телехҳояш расидам.  Муҳофизаш пурсид,ки чӣ мегӯӣ? Гуфтам: «бе  ма Ҷаноба бинм». Муҳофизаш гуфт: «даф шаф, зани Ҷанобта б@ом, ма 3 рӯз шид хов нарафтум шабу рӯз ҳамира қаравулӣ дорм, ай рангу руш безор ть мегӣ бе ма Ҷаноба бинм»

Муроди телех ва Аҳмади калбаса

Табиати инсонҳо ҳамин хел аст. Ҳар қадар диҳӣ кам ва ҳар қадар созӣ насохтӣ мегӯянд.

Ҳар аз гоҳе, ки Муроди телех (генерал Мурод Саидов) ба офиси Аҳмади колбаса, ки дар қафои фабрикаи «Ширин» ҷойгир аст, меравад, соатҳо мешинанду ғайбату норозигиҳо мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмонов сахт курнамак аст. Аҳмади колбаса боз прикол мекунаду мегуяд: «Ҷаноби Олӣ кисаҳои мардума кади холӣ». Вале гапаш рост аст. Аҳмади колбаса ба Муроди телех фақат мегуяд, ки «Мурод хай т аз барои Худо ростша гап за, ҳами вақте, ки ҳами Эмомалӣ Президент шид, ҳиҷ ка бовар надош, ки ҳами ҳамара қир мекна, барои хдша шароит таёр мекна. Э, бача Мурод, онаша овбара ҳиҷ ка намонд, ай ҳар ду тараф ҳамара қир кад. Ҳар ду тараф и Фронти халқӣ ва оппозитсия… Камандирора иша ба иш ҷанг дохту кушт. Одамои бесавода нимша да вақти ҷанг куштаку ними дигаша бади ҷанг дору қати убрат кад. Ҳами ма ба гушои хдм ай даҳани шофири раҳмати Ҳумуддин Шарипов, вазири МВД фаҳмидм, ки вақте ки Раҳмон Гитлера задан, пеш ай хдша парондан номи чанд наздики Президента қати Президент гирифту гуфт, ки номард бдиян. Пеш ай Раҳмон Гитлера задан, чанд рӯз пеш, ҳами Ҳасани Ориёнбонк қати Саидамир Зуҳуров мераван пешш меган, ки «Раҳмон соф парво накн, Президент катит во мехра гапота мезанӣ қатиш. Ина Саидамир Зуҳурова я заҳре додан, ки ба ҷогаҳу ҷома хов. Ҳумудин Шариповам ба дору куштан.»

Шофири Ҳумдин Шарипов , ки Маҳмадӣ ном дошт, нақл кард, ки Вазира мазаш мегрехт, мегуфт:  «ҳамиё мара чи коре кадагиян».

Аҳмади колбаса идома дода мегуяд: «Хай аку кадом я қиссаша ма тра Муродҷон бугум, ту хдут ай мода хуб медони. Оли ниго кун, трам додагиян ягон чи. И Эмомалида ягонта шоҳид даркор нест».

Ба гуфтаи Алишери сармуҳосиби Аҳмади колбаса, ки «Шеф одамои калона фарёд мекна,ташкили мекна, пиён мекна ба гапошона запис мекна». Шеф гуфта Аҳмади колбасара дар назар дорад Алишери ургутӣ.

Дилшод Ҷӯразода дар чанд эпизод

Аз «бизнес-империя» то оффшорҳо ва паникаи дохилӣ

Ва ҳоло меоем ба қисмати «қаҳрамон»-и Семейка. Қаҳрамони ин шумора чуноне гуфтем. Дилшод Ҷӯразода аст.

Таййи рӯзҳои ахир дар бораи Дилшод ба дасти мо чанд номае расид,ки инҷо онҳоро бо навбат пешниҳод менамоем:

Дилшод Ҷӯразода: Аз «мансабдор»-и наздик то соҳибкори оффшорӣ

Ҷузъиёти амвол, шабакаи пинҳонӣ ва лоиҳаҳои 8–40 миллион долларӣ дар Тошканд

Мо дар Ютуб барномаҳои шуморо дидаем. Ташаккури зиёд ба шумо барои он ки чунин мавзӯъҳои ҳаётан муҳиме, мисли фасод ва беқонунӣ, ки аз ҷониби мансабдорон ва соҳибкорони наздик ба ҳукумат дар Тоҷикистон содир мешаванд, равшан менамоед.

Мардумони Тоҷикистон бояд ҳақиқат ва шахсони фасодкорро бидонанд.

Дар ихтиёри мо 100%маълумоти дақиқ дар бораи Ҷӯразода Дилшод ва бародараш Ҷӯразода Даврон, инчунин шахси бовариноки онҳо дар Ӯзбекистон Кабир Рустам мавҷуд аст.

Ба шумо хабар медиҳем, ки Дилшод Ҷӯразода ва Даврон Ҷӯразода фаъолона маблағҳоро аз Тоҷикистон хориҷ карда, онҳоро дар Ӯзбекистон сармоягузорӣ мекунанд. Онҳо дар Ӯзбекистон ширкате бо номи Fifty Five Group Uzbekistan таъсис додаанд.

Ин ширкат дар маркази шаҳри Тошканд,оттели “Monday” (Понедельник, ки бо шаҳри Душанбе ассоциатсия дорад) биноест шашошёна бо 40 ҳуҷра, бо арзиши 8 миллион доллар харидааст.

Ҳамчунин Дилшод Ҷӯразода ва бародараш Даврон Ҷӯразода дар маркази Тошканд, дар маҳалли Tashkent City, Бизнес Маркази «Monday»-ро ба даст овардаанд. Арзиши ин бизнес-марказ 40 миллион доллар буда, бино аз 7 ошёна иборат аст. Масоҳаташ 12 000 метри мураббаъ буда, дар дохилаш ду тарабхона ҷой дорад. Ин тарабхонаҳо бо номҳои GOSHT ва ART Bazar машҳуранд.

Бо ҳамаи ин лоиҳаҳо меҳмонхона, бизнес-марказ ва тарабхонаҳо шахси бовариноки Дилшод Ҷӯразода бо номи Кабир Рустам идора мекунад.

Кабир Рустам дӯсти наздик ва ҳамсинфи Дилшод Ҷӯразода мебошад.

Кабир Рустам аз лиҳози миллӣ афғони этникӣ буда, ҳамзамон намояндаи расмии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар Ӯзбекистон мебошад.

Кабир Рустам, ки намояндаи Дилшод Ҷӯразода ва ширкати «Fifty Five Group Uzbekistan»- аст, парвозҳои чартериро аз Тошканд ба Малайзия (масири Тошканд – Куала-Лумпур – Тошканд) тавассути ширкати ҳавопаймоии малайзии «Batik Air» роҳандозӣ намудааст.

Мардумоне, ки дар ин масъала огоҳанд, дар суҳбати махфӣ гуфтаанд, ки Кабир Рустам транзити «шакар»-ро (махфӣ – эҳтимол ишора ба маводи манъшуда) аз Тоҷикистон тавассути Тошканд ба Малайзия ба роҳ мондааст.

Ҳамаи супоришҳои ҷиноии Дилшод Ҷӯразода дар қаламрави Ӯзбекистон аз ҷониби Кабир Рустам иҷро мешаванд, аз ҷумла шустушӯи маблағҳо тавассути криптовалютҳо.

Мардумони Тоҷикистон бояд ҳақиқатро бидонанд. Мо умед дорем, ки шумо ин маводҳоро дар филмҳои ҳуҷҷатии худ дар Ютуб нашр мекунед.

Суратҳои меҳмонхона, бизнес-марказ, тарабхонаҳо, инчунин аксҳои ҳамаи иштирокдорони ин нақшаҳои фиребгарона ба шумо мефиристем.

Даврон Ҷӯразода ва «55 Групп»: Паника пас аз фошкориҳо

Гуфтугузорҳои дохилӣ, пулҳои пинҳонӣ ва тарси «расидани гап ба Ислоҳ»

Даврон Ҷӯразода, бародари Дилшод, баъди сару садоҳо дар барномаҳои «Ислоҳ»  дар фикр мондааст, ки чи кор кунанд, ки фикру хаёли Рустам аз гапҳои «Ислоҳ» ба дигар чизҳо банд шавад. Даврон ба Равшан Қурбонов гуфтааст (Равшан аз Хуҷанд буда яке аз нафарони бовариноки Дилшод Ҷӯразода аст), ки барои чи именно ҳозир ҳамин гапу корҳо баромада истодаанд? Ҳамин сол мо бояд бо Дилшод корҳои калон мекардем, сумҳои калонро мебаровардем. Ин кӣ бошад, ки гапҳоро мерасонад ба Ислоҳ.
Бинобар маълумотҳое, ки аз худи «55 групп» ба «Ислоҳ» расид, Дилшод фармон додааст, ки капитал- маблағҳо ва чизҳои гаронбаҳоро ҷамъоварӣ ва ҳисоб карда ба ӯ гуянд, ки чи миқдор аст.
Як чёрный бухгалтерияи Дилшод Ҷӯразода чанд миллион мебарояд. Налогро ҳам кам месупорад. Умуман дар ин қадар сол, хеле капитали калон ҷамъоварӣ кардаанд, Ҷураевҳо.Чи тавре, ки модари Ҷураевҳо мегуяд, агар диди сагро, дарав як бурда нон деҳ, устухонаш деҳ, ки нагазад. Ҳукумат ҳам чунин аст. Ҳамин, ки дидед Рустам аз шумо дилаш дур меравад, дарав даромада пешниҳоди ягон боғча ё чизи дигарро кунед, тамом, ҳушаш ба ҳамон мешавад.

Хушбахти бачаи аммаи Дилшод Ҷуразода гуфтааст, ки ҳамин Дилшод содда аст. О, як дунё маълумотҳо медонед дар барои Рустам, шумо ҳам равон кунед, ба ҳамон хоинҳо гӯянд.
Таҳти таъсири наворҳои видеоии «Ислоҳ.ТВ» дар бораи махинатсия ва афёраҳои Дилшод Ҷӯразода ва бародараш Даврон, Дилшод сахт парешону хавотир шудааст. Даврон гуфтаст: «Дилшод, братишка, умуман хавотир нашав. Тамоми направленияҳоеро, ки ба Рустам фоидаҳои калон меоранд, ҳамаашро мо ташкил кардем. Мисол Федератсияи Футбол. Маркетингашро кӣ мекунад? Мо мекунем. Ҷаҳонгир Шералиевич бо бачаҳо мекунад. Направленияи игровойро Хушбахт бо дигарҳо мекунанд. Умуман ин Рустик (Рустамро дар назар дорад) соображения надорад. Вақте ки Бизнесинкубаторро кушодем Некруй чизат гуфт? Гуфт, ки «канен аз ин авлод». Ин гапҳоро додоямон гуфта буд. Ҳозир ана ман ТАЧММА ташкил кардам. Ҳоло бин аз дастамон мегиранд. Ин Рустам он Рустами пештара нест. Хайрият модарамон через Мультикид якҷо фонди ба номи падарам- фонди Музаффар, сумҳоро бароварданд. Ҳозир як илоҷ кун аз ҳамон инвесторҳое, ки оварда истодаӣ, ягон шапкаи калони сум доля гир, меравем. Бас аст. Ҷаҳонгир Шералиевичро ҳам гу аз маркетинги Федерацияи футбол сумҳоро бардораду ҳуй хурад. Рафтан даркор, рафтан ё читарие худашон мегӯянд «ҳуй хурдан даркор».

Боз фаромӯш накун: «Мо гражданстваи чанд давлатро дорем, бе малол любой гап шавад ҳам ҳуй мехурем…»

Ҳуши маснӯъӣ ИИ ё роҳи нави пулшӯӣ?

Нақши Дилшод Ҷӯразода, Хуршед Мирзоев ва Азизҷон Азимӣ дар схемаи тозаи шурӣ муриҳо

Ҳозир дар забони Раҳмонов, искусственный интеллект-ҳуши маснӯъӣ, IT -технология зиёд садо медиҳад. Аммо маълум аст ки тамоман тасаввуроташро надорад. Дар асл бигирем ҳоло ин ба як усул ва ба як намуд сумсофкунӣ-пулшӯии нав, табдил шудааст. Ду нафар шахсиятҳоеро, дар ин самтҳо масъул мондаанд, ки тамоман ба ин арса мувофиқ нестанд. Хуршед Мирзоев ва Азизҷон Азимӣ.

Хуршед Мирзоев умуман дар самти вобастакардааш тасаввурот надорад, фақат аз рӯйи нақлу барномаҳо тасаввурот дорад. Азизҷон Азимӣ бошад, ҷавон аст, қобилияти пешбариро тамоман надорад. Дуруст, ки давр -даври ҷавонони донишманд аст, аммо ҷавонро бояд пире роҳнамоӣ кунаду лоақал донишу малакай ҳамон соҳае раис аст донад, то корро пеш бурда тавонад.

Ҳар вақте Раҳмоновро мегуянд IT ва ИИ Раҳмонов дарав худро серьёзный мегираду мегуӣ, ки хуб тасаввурот дорад, ки гап сари чӣ меравад. Бо тантана IT парк кушоданду воҳимаҳо аз рӯйи миллион. Одитарин барномаҳои технологиро наметавонанд сохтан ё таҳлил кардан, аммо дар коғаз аллакай миллионҳо списат.

Дилшод Ҷӯразода, ки дар Алик малики виртуалӣ устухон надорад, сумҳои калони Рустамро маҳз бо ҳамин роҳ бароварда истодааст ва дар счётҳои оффшори худ ҷо ба ҷо дорад. Нафаронеро, ки оиди ин соҳаҳо тасаввуротҳо доранд, дарав ба тарафи худ ҷалб дорад. Дилшод Ҷӯразода гуфтааст, ки Худо накунаду ягонтоаш системаи кардаи моро (аз сари ҳар операцияи пулӣ, фоизи худро гирифта ба оффшор мефиристодаро) муайян кунад. Мо набояд ин Рустамро дар ин соҳа внедрят кунем ва тасаввуроташро бедор созем. Дилшод аллакай Азизҷон Азимиро ба тарафи худ кашидаасту гушпарӣ кардааст, ки мо мардуми бофарҳанги Суғд бояд якҷо бошему ин кулобиҳоро истифода барем.

Ин гапҳоро Хушбахти хеши Дилшод гуфтааст. Хушбахт сағераи чақчақӣ, любой гапро нақл мекунад. Хушбахтро ба депутатӣ пешниҳод карда буданд, дигар напурсидемаш, ки гузаштӣ ё не?

Даврони бародари Дилшод Ҷӯразода кушиш дорад, ки Ҳасанро бо Хуршед Мирзоев ҷанг андозад. Даврон гуфтааст, ки инҳоро мутит кардан даркор, ки ҳуши ҳама ба инҳо шаваду гапу чапи болои мо шудагиро фаромӯш кунанд. Мақсад аз гапу чап мақолаҳо дар барномаҳои «Ислоҳ» аст.

Даврон Ҷӯразода гуфтааст: «на самом деле ман да ҳамин кулобиҳо кайф мекунам. Свет нест дар Тоҷикистон, инҳо бошан искусственный интеллекту IT парк мекунанд. Наход ягон кас набошад нагуяд, ки о,аввал проблемаи барқро ҳал кунед, баъд дигар корҳо мешавад. Ҳамин хел феъли безеб доранд, ки фақат сумҳои дигарҳоро ҳисоб мекунанд аз худашонро не».

Рост гуфта буд Некруй Забиров, ки инҳо миёни ҳамаи соҳибкорҳоро мешикананд.  Яъне Раҳмонов бо Оилааш.

Дилшод Ҷӯразода чанд зан гирифта ҷудо шудааст. Бо ҳозира занаш зиндагӣ дораду фарзанд дорад. Зани пештарааш гуфтаст, ки хуни мардумро бо қиморхонаҳояшон ин акаву додар хурданд. Манзураш Дилшоду Даврон Ҷӯразодаҳо Мардум хонаҳояшонро бой доданду, зану фарзандҳояшон дар куча монд. Дуъои онҳо ҳатмани ҳатман мегирад Дилшоду Давронро. Метарсам, ки фарзанди манро ҳам дуъои мардум нагирад, гуфтааст зани пештараи Дилшод Ҷӯразода.

Тамоми проектҳое, ки Дилшод Ҷӯразода мекунад ва рекламаҳои калон мекунад, ҳамааш як фейканд. Аммо онҳоро як бор ревизия ё санҷиши ҳалол намекунанд.

Аз пушти номи Рустам миллионҳоро бароварданд. Ҳоло Рустам Президент нашуда аллакай Дилшоду бародараш сумҳоро аз Тоҷикистон  ҷудоҷудо бароварда истодаанду Хуршеду акааш ҷудо, Шоҳрух ҷудову Зайнулло ҷудо. Язнаҳои Рустам бошанд секунд  қарор нестанд. Ин Рустам бо ин ҳама аждаҳоҳое, ки пайдо шуда истодаанд, пагоҳ чи кор мекарда бошад? Ягон нафар аз апаҳову язнаҳову ҷиянҳову дигару дигарҳо гушаш намекунанд.

Пасгуфтор – ҷамъбасти «Семейка news №23»

Ончи дар ин шумора гуфтем, қиссаи як–ду шахс нест. Аз мактаби №15-и Душанбе, ки духтарони ноболиғро ба сафҳои «протоколӣ» мебаранд; аз Тахминаи «Клеопатра», ки сардори  КДАМ-ро мисли хизматгор иваз карданӣ мешавад; аз Арабзодаву Муҳибу телехҳои қароргоҳи президент то генерал Мурод ва Аҳмади «колбаса» – ҳамааш як занҷир аст. Ин ҷо ҳар кас, ки ба «семейка» наздиктар аст, қонуни шахсии худро дорад, ва қонун барои мардум мемонад.

Қаҳрамони асосии ин шумора-Дилшод Ҷӯразода-танҳо як эпизоди равшан аз ҳамин система аст. Як тарафи расмиаш «рақами 1»-и IT ва «бизнес-инкубатор», тарафи дуюмаш – меҳмонхонаҳои 8–40 миллион долларӣ дар маркази Тошканд, оффшорҳо, криптовалюта, «шакар», Кабир Рустам ва «Fifty Five Group Uzbekistan». Ҳар қадар ки фосила аз Тоҷикистон зиёдтар шавад, ҳамон қадар ҳисоби пулҳо дар берун калонтар мешавад. Вале ҳамаи ин маблағҳо аз куҷо меоянд? Аз ҳамин мардум, аз ҳамин замин, аз ҳамин барқи лимитдор.

Дар дохил бошад, «паника» аз як чанд навори «Ислоҳ» кофист, ки Даврону Дилшод капиталро ҳисоб карда ба гурез фикр кунанд: кӣ бо ТАЧММА, кӣ бо Федератсияи футбол, кӣ бо IT-парк, кӣ бо фонди нав. Ҳама чиз бо номи Рустам анҷом мегирад, аммо ҳар кадоме ҷудо–ҷудо халтаро пур карда истодааст. Феъли умумӣ якто аст: ҳеҷ кас ба фардо ва ба ин миллат фикр надорад, ҳар кас фақат ҳисоби роҳҳои гурезу «гражданствоҳои захиравӣ»-ашро мекунад.

Ҳуши маснӯъӣ ва IT-парк дар забони Раҳмонов ба як шӯхии сиёҳ табдил шудааст: кишвар бе барқ, бе عدالت, бе саноат мондааст, вале миллионҳо доллар «барои технология» навиштаву тақсим карда мешаванд. Дилшод Ҷӯразода ва шариконаш ин оламро на ҳамчун воситаи пешрафти кишвар, балки ҳамчун механизми нави пулшӯӣ дидаанд. Дар коғаз «интеллект» менависанд, дар амал истиқлолияти молиявии як даста хешу таборро таъмин мекунанд.

Аз тарафи дигар, қиссаҳои мактаби №15, духтарони «протоколӣ», телехҳо, қудоҳои нав, латту кӯби човандоз дар бузкаши Ҳисор, дафъ кардани прокурори як вилоят танҳо ба хотири писари «Муҳиби номард бошаму зинда бошам» – ҳама як чизро нишон медиҳад: давлат ба ширкати оилавӣ табдил шудааст. Қудрат на барои ҳифзи мардум, балки барои пӯшондани ҷиноятҳои худи «семейка» кор мекунад.

«Семейка news №23» ҳеҷ муамморо то охир ҳал намекунад, аммо пардаҳоро каме канор мезанад, то хонанда рамзи асосиро бубинад: ҳеҷ як Дилшод, Даврон, Арабзода ё Мурод танҳо нестанд. Онҳо маҳсулоти мантиқии ҳамин низоманд. То вақте ки низом ҳамон аст, қаҳрамонҳои фасод ҳам иваз мешаванд, аммо спектакл боқӣ мемонад.

Мо ин шумораро бо як суоли одӣ мебандем: агар имрӯз ҳар кас, ки дар ин матлабҳо номаш омад, фардо равад, оё система иваз мешавад ё танҳо чеҳраҳо? Ҷавобаш дар дасти ҳамон мардумест, ки ҳоло то ҳол дар торикӣ, дар навбати нону об, дар навбати муҳоҷират ва дар навбати ҳақиқат истодаанд.

«Семейка» танҳо нақл мекунад. Он ки ин қиссаҳоро ба поён мерасонад, худи ин мардум аст.

Сообщение Семейка news №23 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №225
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дарвоза ва ё дари вурудии асосии Тоҷикистон ҳисобида мешавад, тавассути он ҳамарӯза садҳо ҳамватани мо, меҳмонони кишварамон дарову баро мекунанд. Ва, зарур аст ки он аз ҳар лиҳоз дилкашу озода ва муносиб ба одобу расму русуми мо, тоҷикон бошад. Аммо дар асл вазъу ҳоли ин фурудгоҳ чи гуна аст? Ва, оё раҳбарони имрӯзӣ, ки ҳамаҷоро олуданду харобу хазон карданд, ҳади ақал бо ин дарвоза муносибати одамвор кардаанд ва ё баракс инҷоро ҳам шабеҳи дигар муассисаву корхонаҳои давлатӣ фақат барои манфиати шахсии худ доранд суиистифода мекунанд?

Муаллифи номаи зер ба ин савол посухи рушан додааст:

Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Агар иҷозат диҳед, як нома дар бораи ваъзи ногувори фурудгоҳи Душанбе ба шумо барои нашр мефиристам.
Хадамоте, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба мусофирон мерасонад, дурусттар гӯем намерасонад, як қиссаи таассуфбори ҷудогона аст. Чунонки маълум аст, «Сомон эйр» ҳавопаймоҳои худро бо роҳи фиребу дуздӣ аз пули саҳмияҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун ҷамъ карда буданд, харида буд. Вале «Сомон эйр» ҳеҷ гоҳ ба суди мардуми Тоҷикистон кор накард. Сатҳи хадамоти он яке аз поинтаринҳо дар ҷаҳон аст. Дар парвозҳои худ ба мусофирон ду бурда нон, ки дар байнаш як барги карам ва ду бурида помидор дорад, медиҳанду бас. Бо як истакон об ё чой. Дигар ҳеч чиз. Ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар ин гуна парвозҳо ҳатман хӯроки гарми хушмазза бо анвои зиёди обу нӯшобаю чою қаҳва пешниҳод мекунанд. Ин як шармандагист ва таҳқири мусофироне аст, ки билетҳои «Сомон эйр»-ро маҷбуранд бо нархи баланд бихаранд. Яъне ба шарофати мусофирони тоҷик аст, ки фурудгоҳу ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» фаъолият мекунанду даромадҳои ҳангуфте ба даст меоранд, вале ба ҷои сипос, мусофирони худро бо ин хадамоти пасташон таҳқир мекунанд. Ҳатто дар ин моҳи мубораки рамазон савоб нагирифтанд. Ҳоҷатхонаҳои ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» чун одат бисёр чиркин, бадбӯ ва бидуни собуну дастмол аст.
Умуман фазо ва атрофи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе як гадохонаи калонро мемонад. Аввалин дари он гадохона минтақаи паркинги мошинҳо аст, ки дар даромади он ду нафар ҳамеша меистанд ва аз ронандаҳо барои вуруд ба он минтақа пули нақд ҷамъ мекунанд, вале дар иваз ҳеҷ расиде ба ронандаҳо дода намешавад. Мегӯянд ин нуқтаи пулҷамъкунӣ ба яке аз домодҳои пешво тааллуқ дорад. Ногуфта маълум аст, ки ин гуна ҷамъ кардани пул ғорати ошкорои мардум аст ва ба буҷаи давлат ҳеҷ молиёте супурда намешавад. Ҳол он ки пешво дар суханрониҳояш борҳо таъкид карда буд, ки пардохти хадамот дар кишвар бояд ғайринақдӣ бошад, то фасод камтар шавад, вале дар амал чунин аст. Дар фурудгоҳҳои ҷаҳон ҷамъ кардани пул аз мошинҳо кайҳо комилан автоматикӣ шудааст ва касе ҳам даркор нест. Шумо бо корти бонкӣ пулро пардохт мекунед ва дарвозаи минтақаи паркинг ба руи мошини шумо боз мешавад ва ҳамзамон дастгоҳ ба шумо расид (квитансия ё чек) содир мекунад. Яъне ҳама чиз шаффоф аст.
Пас аз ин навбати гадоӣ ба милисаҳои таги дари бинои фурудгоҳ мерасад, сипас кормандону боркашҳо, чунки навори қабули бори мусофирон кор намекунад ва дар ниҳоят сарҳадбонону гумрукиҳо, ки ба истилоҳ ҳаққи онҳо аз ҳама калонтар аст. Ҳар яке аз онҳо мисли ҳайвонҳои даранда дар пайти қурбонии хеш ҳастанд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе толорҳои ба истилоҳ CIP ва VIP ҳам ҳаст, ки дар ивази пул ба мусофирон хидмат мерасонад, вале ҳолат дар он ҷо аз толори умумӣ кам фарқ мекунад, дар баъзе мавридҳо ҳатто бадтар аст. Масалан, агар шумо аз тариқи толори CIP ба Душанбе оед, яқин донед, ки бори шумо дар охири охирон ба шумо мерасад. Фаронсавиҳо вақте розӣ шуданд, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе як терминали нав созанд, пешниҳод карда буданд, ки онро бузургтар созанд ва бо шароити беҳтар, вале он замон пешво ба баҳонаи камбуди пул розӣ нашуда буд, чунки 70 дарсади харҷро бояд Фаронса мекард ва 30 дарсади харҷро Ҳукумати Тоҷикистон.
Акнун мехоҳем ба аҷибтарин чизи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки дар сарлавҳа ҳам омадааст, баргардем. Ҳоҷатхона ё дастшӯӣ? Ҳоҷатхонаи мардонае, ки дар табақаи дуввуми бино дар толори интизорӣ қарор дорад. Ин ҳоҷатхона ҳамеша касиф ва бадбӯ аст. Маъзарат мехоҳам ҳамеша бӯи баду ғализ мекунад, зеро дастгоҳи обрасонии онҷо дуруст кор намекунад ва ҳеҷ кас онро тамиз намекунад. Масалан, писсуар ё туалети сарпоӣ, ки сенсорӣ аст (ба шарофати фаронсавиҳо), обрасониаш кор намекунад, бинобар ин пас аз ҳар идроре ғализии бадбӯӣ дар ҳоҷатхона меафзояд.

Дар ҳоҷатхона собундони деворӣ ҳаст, вале дар дохилаш ҳеҷ гоҳ собун нест. Аз ин рӯ, мусофирон пас аз қазои ҳоҷат имкон надоранд дастони худро ба таври лозим бишӯянд ва тоза кунанд.

Дар ҳоҷатхона дастмолдон ҳам ҳаст, албатта, ба шарофати фаронсавиҳо. Вале дар дастмолдонҳо шумо ҳеҷ гоҳ дастмол ё ҳамон салфеткаро пайдо намекунед. Гузашта аз ин, ошиқмаъшуқи поёнии дари ҳоҷатхона шикаста аст ва ба ин сабаб дари ҳоҷатхона на дуруст боз мешавад, на баста мешавад ва ҳамеша дар ҳолати хамида ва нимроғ аст. Ин нимроғӣ сабаб мешавад, ки қазои ҳоҷати мусофирон аз берун дида шавад ва бадтар аз ин бӯи гандаи ҳоҷатхона тамоми фазои толори асосии интизори фурудгоҳи байналмилалии Душанберо фаро гирад. Вале аҷибтарин чиз дар қазияи ҳоҷатхона дурбини мадорбастае аст, ки дар дохили (?) ҳоҷатхона насб шудааст ва дар зери он эълони русии зерин часпондаанд: «Внимание! Ведется круглосуточное видеонаблюдение!» Ба иборати дигар, масъулини фурудгоҳ ба мусофирон ҳушдор медиҳанд, ки раванди қазои ҳоҷати шумо аз тариқи ҳамин дурбини мадорбаста назорат мешавад. Намедонем дар ҳоҷатхонаи бонувон чи ҳолат бошад?! Дар ҷаҳон боз чунин ҳоҷатхона дар пойтахташ пайдо кардан мумкин бошад! Ба фикри мо, мо дар ин масъала фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истисно аст!
Умедворем, нашри ин мулоҳизаҳои мо, мусофирон, ба беҳбуди шароит дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таъсир расонад, ҳарчанд ба ин чандон бовар надорем, зеро об аз сар лой аст.

Нуробод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман мехоҳам дар барои як бригадири ҳақикасхур ба шумо гап занам. Ин бригадир баччаҳоро фанд мекунад. Дар Москва пулҳояшонро 40% мегирад ва сумро дар картаҳояшон аз фирма мегузаронанд чанд фоизашро баъд ва боқимондаашро  наличка медиҳанд. Ин оқипадар ҳамонро, ки дар картаҳо мегузарад барои худаш мегирифтааст. Ин номард Ҳамидов Машраб  аз Яхчи Нуробод мебошад.

Хулоса, домулло, мо дар Москва кор мекунем. Бригадири мо аз ноҳияи Нуробод аз Яхч Ҳамидов Машраб аст. Қариб 80 -90 кас ҳастем. Фирма 20 % суми маошҳоро  ҳар моҳ дар карта мегузаронад. Ҳамидов Машраб ҳамин миқдор суми картаҳои одамҳоро мегирад. Баъди 10 -15 рӯз бошад фирма  80% маошро нақд медиҳад. Барои он 20% ро тавассути картаҳо медиҳад, ки он миқдори маблағ ҳамчун маоши мо ҳисобида шавад ва аз нуги он камтар налог пардохта шавад.

Мо як ҳафта кор кардем бароямон як рубл надоданд. Ба мо гуфтанд, ки ба як кори дигар меравем. Охир ин чи зулм аст? Дар Тоҷикистон ҷойи кор нест Русия омадем ба ин ҳолат гирифтор шудем. Охир мо чи кор кунем ва куҷо равем дигар? Ҳеҷ куҷо ҷойи шикоят надорем, танҳо «Ислоҳ». Бародар ин мусибати ба сари мо омадаро нашр кунед, то ҳоламон ислоҳ шавад.

Душанбе

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман ин номаро аз дидаву шунидаи худам навиштам. Бори аввал аст ки нома менависам. Агар хатоие бошад, худатон ислоҳ кунед. Чунки «Ислоҳ» ислоҳкунандаи дигарон аст. Ислоҳаш кунед, шояд ба гуши кари мақомот расаду даст аз азияту озору зулму ситам бардоранд.

Инҷо мехоҳам дар бораи як духтури касалиҳои пуст профессор Қосимов Олим Исмоилович, ки зодаи шаҳри Панҷакент асту дар беморхонаи Яккачинор кор мекунад бинависам. Марди хоксору донишманд оқилу кордон, бе анализ табобат мекунад. Шифо аз ҷониби Аллоҳ мешавад, аммо давояшро баъди табобати ин духтур мебинӣ. Аммо сахт пул мегирад. Аз 15то 20-касро қабул мекунаду сари ҳар як нафар 100сомонӣ мегирад. 20ум нафар буд шуд мехезаду меравад. Оё намешавад, ин корро дар фирмаи «Фароз» неву давлатӣ кунед ва бо маблағи муайян, масалан 50 сомонӣ.

Чунки ин одам сардори ин поликлиника мебошад, номзади илмҳои тиб аст, аз бюҷети давлат маош ва нафақа мегирад, боз аз ҷайби мардум мегиранд. Як зан мегуяд: «ма ай Шаҳритус омадам 50 сомонӣ дорм. Медсестрааш ошкоро мегуяд, ки фарқ надорад, қабули духтур 100 сомонӣ мебошад». Ман духтарчаамро, ки 8 сола мебошад, бурдам касал буд. Аммо он қадар касали сахт набуд. Диду як мазу 2 таблетка нависту гуфт 100 сомонӣ мешавад. 100-ро медиҳиву назначениро мегирӣ. Доруҳои навистагии ӯ фақат дар ҳамон аптекаи пеши ҳамон беморхона мешаванд. Як пачкааш 600 сомонӣ, камаш 3 ё 4 пачка менависад: биёву бигир.

Бо як эронию як афғон шиносам Як рӯз сухан дар бораи Тоҷикистон рафт. Ба онҳо гуфтанд Тоҷикистон ватани зебо аст, кутоҳ таъриф карданду баъд дар бораи  нарху наво гуфтанд, ки бениҳоят гарон аст. Аммо пулат бошад духтар беҳисоб. Афғон гуфт: «ма ҳами тоҷикода ҳайронам пастаяна нойит мекунану бурда доля метан». Ман гуфтам, хайр чи кор кунанд? Афғонӣ гуфт:  «ман 50 солаюм, то ҳозира ҷанг аст дар Афғонистон, аммо ин зулме дар Тоҷикистон дидам боварам кунед дар Афғонистон тамоман нест».

Эронӣ пурсид чи хелӣ зулм? Ман зулм намебинам. Гуфт тамоми даромад, чи конҳои тиллою сурмаю ангишту дигару дигар, андозу свет дар дасти оилаи Э.Раҳмон ва мақомоташ ҳаст. Боз барои як лайк аз 40 то 100 ҳазор сомониро мегиранд аз мардумаш, ки ин маблағро қарз мекунад мегирад ва рафта дар Русия ғулом мешавад ва дар ҷанги Украина кушта мешавад. Аммо Эмомалӣ хап. Ҳамин тоҷикҳо ҳастанд, ки Эмомалаӣ ҳаст, инҳо набошанд Эмомалӣ худаш кист?  Инро фикр мекарда бошад. Боз бар болои ин ҳама даст ба корҳои ғайриинсонӣ мезананд. Масалан духтарҳое, ки ба мақомот маъқул мешаванд, аз синфи 9 то 20 сола аввал худашон таҷовуз мекунанду баъд ба афғонҳо мефурушанд. Ё барои онки гап набарояд, гуфти ҷанобашон безарар мегардонанд. Кутоҳ, вале бисёр гапҳоеро гуфт, ки валлоҳӣ мани тоҷики ин сарзаминам тамоман намедонистам то ин андозаашро.

Баъд ман пурсидам, ки модоме шумо ҳамаро медонед, мумкин дар баъзе корҳо ҳамкорӣ доред? Мегуянд, ки аз 3 нафар 2тоаш буз аст. Якеаш бузи амният дигариаш бузи ВКД. Мо пас чикор кунем? Ва пешниҳод кард, ки дар минтақаҳое, ки зулм бисёр аст, ин минтақа бояд, ки ба шикор гузаранд. Пурсидам,ки чи хел? Гуфт Русия 20 сол зад Панҷшерро гирифта натавонист. Бо самолет зад, сарбозонаш шабона монданд. Ҷавонмардони тоҷики панҷшерӣ онҳоро селабур карданд. Барои ҳамин армияашро аз Панҷшер баровард. Вале шумо дар минтақаҳо корҳое бояд кунед. Мисол участковий ё амниятие, ки зулмкор аст ва ё афроди алоҳидаи доносчикҳоро мушаххас кунед зарари худатонро расонед, то дарс шавад барояшон. Агар чанд касеро,ки маҳкам мекунанд халқ шабона рафта (дар отдел шабона шумораи навбатдорон кам аст) онҳоро озод кунад, дигар оҳиста-оҳиста участковий аз Кулоб намераваду аз ҳамон минтақа мемонанд.

Аз чунин зиндагии даҳшатноке, ки ҳарруз фикр мекунӣ аз кучо ёбам, ки зиндагиамро пеш барам ва дар дилат даҳшат аст ки ҳозир меқапанду як айбро дар сарам бор мекунанд ва дигар чизе надорам «хонама фурӯхта сумашро онҳоро метиям» мардона мурдаву осуда хоб рафтан хубтар аст.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман барномаҳои марбут ба Комсомолободро аз канали ютубии шумо тамошо кардам. Гуфтаниям, ки дар бораи Шоҳ мардуми онҷо ки кор кардаанд, нависанд. Чунки худам ба меҳмонӣ барои тамошои бузкашӣ рафтаму дар 3 юм тунел моро қапида гуфтанд, ки роҳ маҳкам аст. Онҷо мошинҳо ҷамъ мешаванду аз 20 мошин зиёд шуд сари мошине ҳамон шаб 20сомонӣ ҷамъ карданду роҳро кушоданд. Онҷо ман бо ҳамон корманди тунел камтар ҳамсуҳбат шудам. Гуфтам бародар чаро дар 2юм тунел аз шаҳр меоӣ мебароӣ роҳ ях баста. Пайи чархҳо мошин чуқур шуда таги мошинҳо мерасад ва баъд вақте тормоз медиҳанд ях намеқапад, авария бисёр мешавад. Инҷо дарозиаш зиёда 1км мебошад.Чаро дар ин подём пеш аз асфалт ягон кабел намондед, зимистон ключаташ мекардед,онҷо ях намешуд. Вай як нигоҳе карду гуфт:- мардак барин чи кораӣ, ягон агент набошӣ? Гуфтам не, аллоҳ шоҳид аст ягон агент нестам.

Баъд гуфт, ки онҷо сими махсус буд, ки метри онро бо доллар харидаанд. Ин маблағи калон аст. Аз ҳукумати шаҳр омаданду гуфтанд асфалтро канед. Хитоии роҳсоз пурсид, ки чаро? Гуфт шумо девонаед, ки ин сими қиматро дар инҷо мондед? Хитоӣ гуфт ин роҳ бояд ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгу бошад. Агар мо ин симро, дар асл ин сим нею чи номи дигар дорад, гуфт, ман намедонам, аммо ту сим гуфтӣ, ма аз гапи ту мегуям намекандем садама руй намедод. Гуфт: «ма задагиюм камисияи байналмилалира».Гуфт хайр, ту, ки задагӣ бошӣ зимистон авария бисёр ва роҳ маҳкам ва маргу мир зиёд мешавад.

Гуфт парво накун, муранда ғармӣ бошад, очаашонро фалон кунам, инҳоро нобуд кардан даркор. Мегуяд, хуллас кандему он симро, ки аз ду тарафи роҳ буд ҷамъ карда додем, гирифтанду бурданд. Хитоӣ ин роҳро то ҳозир аз комиссияи давлатӣ гузаронида натавониста истодааст. Агар боз дигарҳо дар бораи ин роҳ ягон маълумоте дошта бошанд, нависанд. Чунки бояд Раҳмонов фаҳмад, ки барои фармони ту мақомотат чи корҳоро мекунанд.

Пешниҳоди ман ба шумо ва ба миллати азизам ин аст ки хап нашинед, хезед аз худ ҳимоя кунед. Ё гапи ин афғонро гиреду дар қисми амал гузаред. Пешниҳод ба шумо ҳамин мақомоте баъди 2015 дар вазифаҳо аз участковий то началник кор кардаанд оянда аз пенса маҳрум созед. Чунки инҳо кроме маошашон хуни халқро макидаанд ва генералу полковник шуда пенсияи калон мегиранд. Полковник аз 3 то 4000 сомонӣ, генерал аз 4.5 то 7ҳазор сомонӣ нафақа мегиранд.

Инҳо боз баъди пенсияашон боз ҳақи мардумро мехуранд. Барои ҳамин инҳоро маҳрум созед ва фарзандони инҳоро чи хеле худашон мегуянд фарзандону наберагони хоинони миллат нависед. Онҳо рафта дар Русия кор кунанду баъд худашон ба дашноми бобову падарашонро сар кунанд.

Фаромуш кардам аз духтуре, ки дар 10 корпуси Қараболо номаш Маҳмадлоиқ тақрибан 44-45 сола мебошад, бигуям, ки ба гузаронидани доруи химия барои касалиҳои рак машғул аст.

Як шиносам дируз гуфт ин ҳукумати моро кадом идораи фасодзадаашро гуем? Мегуяд, ки хоҳарамро бурдем касали рак гуфтанд. Ҳар сешанбеи саршавии моҳ оварда химияш мегузаронем. Гуфт як сол бурдемаш ҳар сешанбе. 2800сомонӣ месупоридем, аммо касаламон вазнин шуду тавсияи як шиносамонро гирифта Ҳиндустон бурдемаш. Ҳиндуҳо гуфтанд ин касал дар вуҷуди ин бемор тақрибан 1сол зиёд шудааст. Барои чи ҳамагӣ 2 маротиба химия гузаронидеду халос. Гуфтем не, мо ҳар моҳ химия мегузаронидем. Гуфтанд, ки фақат 2 маротиба гузаронидаанду халос, диграаш ба монанди оби ҷушомадагӣ гузаронидаанду тамом. Экспертизаашон ҳамин хел нишон дод. Илтимос касе дар бораи ин духтур маълумоти зиёде дорад нависад, то ки ин халқи ғуломи мазлуми мурғшуда ақалан аз чунин духтурон халос шаванд.

Кушониён

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аввало дар ин моҳи шарифи рамазон дуо мекунам, ки Аллоҳи меҳрубон шумо  ва хонаводаи шуморо дар  паноҳи исматаш нигоҳ бидорад. Ва падари шумо руҳаш шоду ҷояш ҷаннат бошад

Ман аз Кушониён. Шумо дар барномаҳои пешина дар бораи раиси ҷамоати навтаъиншуда Лутфуллоев Неъматуло гуфтед. Ман чанд ҷумла дар бораи ин одам гуфтанӣ ҳастам.

Лутфуллоев Неъматулло мардумро бе ниҳоят зулм карда истодааст. Ин одам ба мардум на пули чобуқ медиҳад на суми пахта. Бар замин ин ҳарруз дар масҷид  маҷлис мекунаду мардумро мегуяд, ки «брен ариқҳо-ҷуйборҳоро биканену тоза кнен». Ин ҷуборҳоро худи ҳамин касиф истифода мебарад. Мардум мепурсад, ки дар як метраш чанд сум медиҳӣ? У дар ҷавоб мегуяд: «ман набошам шумора амният ято ба якто мебара фалонтон мекунад».

Ин раиси ҷамоат бародари Лутфуллоев Сайфулло Асадуллоевич аст ки дар донишгоҳи ба номи Носири Хусрави Бохтар омузгор кор мекунад. Дар бораи чи гуна раиси ҷамоат шудани ин Неъматуллои даюс дар шумораи пешина гуфта будем.

Агар ин Неъматулло ин гуна азияту озори мардумро бас накунад, ин навбат муфассал қиссаи чи гуна раиси ҷамоат шуданашро, ки дар шумораи пешина мухтасар гуфта будем, ҳикояти пурра хоҳем кард.

Душанбе

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин. Ба шумо моҳи шарифи Рамазон муборак бошад. Аллоҳ шуморо ба ниятҳои некатон бирасонад. Ман як модарам. Мехоҳам аз як ноадолатӣ суҳбат кунам. Дар наворе, ки дар Инстаграм баромад, ки 6 нафар донишҷуи Донишгоҳи тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино байни ҳам ҷанг мекунанд, бачаи ман ҳам дар ин донишгоҳ мехонад.
Ду бачча чанг мекунанд барои як духтар, аммо баччаи ман онҳоро ҷудо мекунад, тамом. Аммо дар навор, ки дар инстаграм ҳаст ва онро духтарони донишгоҳ партофтаанд ҳамаи ҳамин 6 кас афтодаанд.
Милиция омада 6 баччаро бурда барои7шабонарӯз дар спецприемник маҳкам кард. Баччаро ягон дело накарданд, фақат 7сутка маҳкам карданду тамом. Хуб, майлаш гуфтем, ноҳаққӣ шуд. Ду кас ҷанг кардагӣ. Аммо инҳо бурданду 6 касро маҳкам карданд, аз ҷумла бачаи ман ҳам маҳкам шуд. Баъди 7 шабонарӯз инҳо аз спетсприёмник озод шуданд вале ҳамаи он 6 касро аз Донишгоҳи тиббӣ ихроҷ карданд.
Пеши декан рафтам ва пурсидам, ки барои чи бачаи маро хориҷ мекунед, чи гуноҳ кард, ки хориҷ мекунед? Вай баракс ҷанг накунед гуфта дар мобайн даромад, ҷудо   кард. Барои ҳамин кори хубаш магар хориҷ мекунед? Ку ҳақиқат ва ку адолат?

Деканаш мегуяд, ки «видео то боло рафтагӣ, барои ҳамин хориҷ кардем».Мегуяд ректор гуфт, ки то прездент ин навор рафтагӣ. Гуфтам, «ха, охи ягон кори бад шидагӣ нест ягон каса накуштан мисол».
Ман ба ҳамин ректори мединститути ба номи Абуалӣ ибни Сино Муҳриддини Нуриддин гуфтаниам, ки аз Аллоҳ магар наметарсӣ, ки чор бачаро ноҳақ хориҷ мекунӣ?
Хамин инсон ректори мединститут
Ту ҳам падарӣ, фарзанд дорӣ, фарзанди тура ноҳақ хориҷ мекарданд, чи кор мекардӣ?
Ман, расман ба Прокурори Генералӣ ҷаноби Ҳабибулло Воҳидзода муроҷиат карда гуфтаниам, ки ин ҳодисаи ҷанг ва ноҳақ ихроҷ кардани 4 нафар донишҷуи бегуноҳро тафтиш кунад ва адолатро барқарор созад.

Ректори Донишгоҳи тиббӣ Муҳриддини Нуриддин боз ин корашро ба каллаи Президент зада истодааст. Гуфта истодааст, ки фармон аз боло шуд, барои ҳамин хориҷ кардам. Президент дар як баромадаш гуфт, ки Донишгоҳи тиббӣ ояндаи мо аст. Наход барои ҳамин кор донишҷуй-табиби ояндаро хориҷ кунад?

Бародар Муҳаммадиқбол, аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ин номаи маро зудтар нашр намоед.

ДАНҒАРА

Асалому алекум ва раҳматуллоҳ домулло Муҳаммадиқболи Садриддин.  Шикояти мардум Данғара аз ширкати мегафон.  9 сол шуд ман симкартаи ширкати Мегафонро истифода мебарм ягонбор бе шот яъне бе пул мондаги нест симкартам бе сабаб махкам шуд.  Данғара маркази ширкати мегафон рафтам дар маркази мегафон мардуми зиёд ҷамъ шуда буданд хуб маълум шуд,ки  аз онҳороҳам махкам карда будаанд. Акнун бадбахтиро бубинед дар маркази Данғара барқ нест ба мардум мегуянд равед бегоҳ барқ шуд баъд биёед. Медонед барқ кай мешавад? Барқ соати 17:30 мешавад то соати 18:00 ширкати Мегафон кор меркунад. Занҳо мегуянд мо кудакони хурди ширхор дорем, кудакони мактабхон дорем охир моҳи рамазон аст ягон илоҷ кунед.  Аммо кормандони Мегафон бошад аслан парвое надоранд. Бар замми ин боз коргарони ширкати Мегафон хело муомилаи бад ба занҳо ва солмандон бархурд мекунанду ҷавоб медиҳанд.  Мардум ҳама намедонанд, ки инҳам бозии худи ширкати Мегафон аст. Ҳатто як дивижок надоранд, ки мардумро сари вақт ҷавоб диҳанду мушкилашонро ҳал кунанд. Бадбахтӣ инҷост,ки намедонанд мардумро бо чи роҳ пулашонро гиранд дар ҳамин моҳи рамазон.  Мардум рузадор аз қишлоқҳо ба маркази Данғара зодгоҳи Президент меоянд кормандони Мегафон мегуянд свет нест мардумро ҷавоб медиҳанд. Агар ин шикояти моро ба мардум ва ба ин ҳукумати ҳаромхур ки доим аз пайи озори ин мардум асту пайваста бо ҳар роҳу услуб мардумро азоб медиҳад.  АЛЛОҲ лаънат кунад Эмомалӣ Раҳмонова ҳам роҳи оилаи дузду ғоратгараш. Охир агар қарзи ширкат зиёд шавад бояд онро шумо аз кисаи мардум бигиред? Охир мо ғулом нестем шаҳрвандони озоди ин ватан ва кишварем.  Худо лаънатшон кунад бо ин мушкилоти сунъие болои мардум меоранд ба хотири пул кор кардан. ИНШААЛЛОҲ мо дигар итминон дорем, ки охири рӯзҳои дар курси мондаанашон аст.  Бо эҳтиром аз номи мардуми Данғара. «Ислоҳ» илтимос номаи моро нашр кунед!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №225  появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №142
Аз ин даст номаҳо дар шумораҳои қаблӣ ҳам чоп шуда буданд. Аммо ин бор нафаре, ки шоҳиди мустақим ва корманди худи мақомот аст, ҳикоят мекунад. Акнун ин худсарӣ ва ҳавобаландӣ аз тарафи фарзандону наздикони мақомот, махсусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар саросари кишвар ба як кори муқаррарӣ ва маъмулӣ табдил мешавад. Онҳо ҷиноят содир мекунанд, масалан бо мошинҳои гаронарзиш  масту аласт ва ё ширакайф кардагӣ мошинеро ё пиёдагардеро мезананд, вале он балоро бар души нафари дигар бор мекунанд. Худатон хонед худатон қазоват кунед:

Бустон

Ассалому алейкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин!
Ман,корманди милитсия аз шаҳри Хуҷанд ҳастам. Мехоҳам аз ҷинояти яке аз бачаҳакои Раҳмонов, ки дар шаҳри Бӯстони (Чкаловск) санаи 12 май сурат гирифт, нависам.
12 май дар Бӯстон яке аз хешу таборони бодовардаҳои баландрутба бо як бачаи одии фарзанди камбағал, ки бошандаи вилояти Суғд, яъне ба гуфти бодовардаҳои шаҳри мо лелнаботӣ аст ба садама дучор мешавад. Дере нашуда он бачаҳаки боло ба сардори милисаи вилояти Суғд –Абдулло Навҷавонови Буратино занг мезананд. Баъдан ба яке аз ҷураҳои падараш, ки дар мақомоти Душанбе фаъолият мебарад занг зада мехоҳад ,ин ҳодисаро аз души худаш ба гардани ҳамон бачаи бегуноҳ партояд.
Мошини ин «бачаҳаки Раҳмонов»1111/01 номери Душанбе мебошад. Мошинаш мошини бадвоҳимаи бузбала тамғааш Ҷип аст. Тонировка дорад. Мошини он бачаи бетағаи бечора бошад Опели хокистарранг аст, номераш 02 яъне мошини «Лелнабот». Ба ҷои садама моро равон карданд. Тақрибан 25 нафар корманди мақомот онҷо ҳозир шуд. Ҳамчун одами шоҳии зинда ба шумо мегӯям, ки ин бачаи суғдӣ не виноват буд.
Сардори милитсия ҳамроҳ бо прокурор ва сардори амнияти вилояти Суғд онҷо рафтанд ва тарзе карданд, ки ин бечора, бачаи бегуноҳ гуноҳи накардаашро ба гардани худ бигирад. Сардори милитсия тамоми кормандоне, ки онҷо рафта буданд маҷбур кард, баёнот нависанд. Мо кормандони милитсия аз аввал фаҳмидем, ки он бача бегуноҳ аст. Аммо чи хеле ки маълум аст вай ягон таға ё амаки рутбадор надошт ва ин сабаб шуд, ки ӯро гуноҳкор карда ҷарима кунанд.
Баъд аз ин воқеа тамоми кормандони ҳифзи ҳуқуқи Хуҷандро баландрутбаҳои хатлонӣ заставит карданд, ки баёнот нависанд ва дар баёнот навишта шавад, ки дар ҷои садама ҳеҷ кадом видеокамера набуд то ин қазияро ҳеҷ кас нафаҳмад.
Билохира он бачаҳаки Раҳмоновро ягон чизаш нагуфтанд ва бачаи лелнаботӣ бошад ба сардори милисаи хуҷанд ва БДА пул доду як бало карда озод шуд.
Ин кор баъди перестановкаҳои кадрии бачаи Марями гурсухта сурат гирифт.

Ҳоло бошад Хатлон 2 яъне Бӯстон воқеан ба як рустои кӯлобиҳо мубаддал шудааст. Инҷо ҳеҷ кадом суғдӣ ҳақу ҳуқуқ надорад. Ман инро гуфтаниам, ки Раҳмонов бояд аз ин кадрҳои навтаъинкардааш бояд огоҳӣ дошта бошад, ки чи кор карда гаштаанд? Инҳо бо ҳар роҳу васила аз мардум пул мегиранд, маҳалгароӣ ва қавмпарастӣ мекунанд. Аслан тамоман шарму ҳаё надоранд.

Мардуми мо ба ҳадде «гизала» шудаанд, ки омодаанд, тамоми ин авлоди касифро шу диҳанд. Нару модаашро шу додан мехоҳанд.

Инҳо ҳоло корҳои рекэтҳоро карда истодаанд. Аз мағозаҳою бозорҳо доя мегиранд. Парковкаҳои бепул пулакӣ шуданд. Дар фурудгоҳи Бустон ончунон ғоратгарӣ рафта истодааст, ки ҳисоб надорад. Аз як бачаи призивник, ки Русия меравад то 5000 сомонӣ гирифта истодаанд. Ман ҳамаи ин хитобҳоро ба як ҷумла ҷамъбаст кардаам ва мехоҳам онро инҷо кутоҳ гуфта монам:
«Гури Марям қасарқасар дар гирад қати ин хутикҳои таваллуд кардааш «.
Агар ин режими Раҳмонов дар Хуҷанд мардумӣ мебуд инҳо гузориш медоданд. Аммо афсӯс дар Тоҷикистон ғайр аз Юсуф Раҳмон ва Рамазон Раҳимзода ягон прокурор ва сардори милиса ва корманди мақомот ҳақ надорад гузориш диҳад, чунки барои Раҳмонов ва мақомоти бодовардаи вай ҷони ягон суғдӣ ва сокинони дигар манотиқи кишвар аслан арзише надорад. Аз ин чизҳо бояд мардуми шариф ва бузурги Суғд огоҳ бошад, то ки дар ояндаи наздик занҳои ин бачаҳакои бодовардаро шу диҳанд.
Дар оянда, агар шумо номаи манро бе тағйир нашр кунед ва ба ман маъқул шавад, бештар ба шумо аз КГБ, милисаҳо ва уголовний розиски Хуҷанд маълумот ва номаҳо ирсол мекунам.

Ба ҳар ҳол мардуми Хуҷанд барои инқилоб омодаанд,инро бояд бидонед.

Ps: Ончии навиштед мо онро нашр намудем. Аммо дигар дар навиштаҳоятон дар умум мардуми Хатлон, Кулоб ва дигар манотиқи кишварро дар умум таҳқир накунед. Мардумони ин маноиқ гуноҳ надоранд ва инҷо танҳо Раҳмонов ва низоми давлатдорияш мушкил дорад. Аз ҳақ набигазарем ҳоло шуморо агар ягон вазифа диҳанд дар ҳар минтақаи кишвар шумо аз он бодовардаҳо бадтар мекунед. Аз ин хотир мардуми ҳеҷ минтақаро дар умум таҳқир накунед!

Шоҳмансур

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Матлаби шуморо дар бораи Раҳмонов ба ҷуз аз зону задан дар назди Путин чора надорадро хондам. Дасти шумо дард накунад. Дуруст навиштед ва Раҳмонов, чуноне аз суҳбатҳояш ҳам пай бурдед ва аз қиёфааш ҳам огоҳ шудед, дар назди Путин мисли гунаҳкорҳо шишта буд. Ҳоло агар Раҳмонов ягон кор накунад ҳам, инро бидонед, ки ҳадафу нақшаи овардани бачаи наркоманаш ба ҷойи худаш ин худ як муттаҳамии калон,як забонкутоҳии бузург аст. Чунки Путин вазъу ҳоли тоҷикҳоро аз Раҳмонов беҳтар медонад. Чунки тоҷикҳо фактически гражданинҳои Путинанд, зеро ин Путин аст ки моро нону об дода истодааст. Аммо Раҳмонов ҳукумат ва курсиро дуздида истодааст. Вай аз дасти Путин дуздида истодааст. Бубнед чи гуфт, тамоми ин муддат мо бо шумо будем бо шумо мемонем.

Устод, ман ба шумо чи гуфтан мехоҳам? Раҳмонов ба Русия на барои ҳалли мушкилоти миллатамон ва  муҳоҷир рафт, вай барои корҳои худаш-аз ҷумла масъалаи Рустам суҳбат кард. Путин баъди дигарбораи сари курсӣ нишастан чанд барнома дорад. Раҳмонов бояд бо ягон роҳ, сода карда гуем, дили Путинро бояд ёбад. Путин пештар ба Рахҳмонов конкретӣ гуфта буд, ки бояд ҳукумати Толибонро қабул ва эътироф ва робитаро оғоз кунад. Ғайр аз Путин инро ба Раҳмонов дар дохили оилааш ҳам мегуянд. Аммо аз чи бошад, ки Раҳмонов накарда истодааст.

Яке аз нақшаҳои Путин ин қабули ҳукумати Толибон ва баровардани онҳо аз руйхати созмонҳои террористӣ аст. Баъди ин кор қарор аст бастани шартномаҳои миллиарди бо Толибон ва ҳамкории ширкатҳои русӣ бо онҳо роҳандозӣ карда шавад. Ҳамчунин гуфтушунидҳои паси парда бо Толибон оиди ҷалби онҳо дар ҷанги Украина ҳам рафта истодааст, ки натиҷааш баъди эътирофи Толибон аз ҷониби Русия хохад шуд. Яъне Толибон аз тарафи Русия бар зиди Украина бояд биҷанганд.

Барои ҳамин  сафари Раҳмонов ин фақат ва фақат барои манфиати худаш ва оилааш буд.

Бинобар маълумотҳои расида Путин, бори охир ба Раҳмонов гуфта будааст ,ки «Эмомали Шарипович вы должны провести внеочередные выборы Президента». Раҳмонов талхакаф шуда пурсида буд, ки « а зачем, в этом нет необходимости Владимир Владимирович…

… поверьте есть, Эмомали Шарипович ,гуфта будааст Путин.

То имруза ин гуфтаи Путин Раҳмоновро талхакаф када буд. Баъзеҳо мегуянд, ки Путин Раҳмоновро гуфтааст, ки выбори внеочередной гузарону хешу таборҳоятро гир аз вазифаҳо.

Барои ҳамин Раҳмонов на фақат зону мезанад, мелесаду мемолад. Чунки вай вечно муттаҳам аст дар нази русҳо.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман мехоҳам дар бораи радикализим ва радикализатсия ва сабабҳои пайдоишу ривоҷи он дар байни мардуми тоҷик бароятон нависам. Корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошам. Маълум аст ки ному насабамро навишта ва баён карда наметавонам.

Мафҳуми «радикализатсия» чи маъно дорад? Дар Википедия ҷавоби кутаҳ чунин аст: «Радикализатсия — равандест, ки тавассути он шахс ё гурӯҳе ба қабули ақидаҳои афзояндаи радикалӣ дар муқобили вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ё динӣ меояд».

Бо забони осон ва кутаҳ вақте «як нафар ва ё гуруҳе назария ё идеологияи даҳшатафканро қабул мекунад,ҳаракат мекунад, ки мардум ва ҷомеаро дар зери зулму даҳшат идора кунад.»

Ҳамин мафҳум ва ҳамин тафсирро ба ҳукумати Тоҷикистон нисбат диҳед ва каме фикр кунед, ки оё Раҳмонов ва оилаву ёрони вай «радикал» нестанд?

Агар дар инсон ягон дард пайдо шавад, пизишк сабаби дардро фаҳмидан мехоҳад ва пас аз он метавонад роҳи пешгирӣ ва муолиҷаро ҷуяд. Аз ин лиҳоз мехоҳам дар инҷо сабабҳоро як ба як баён намеоям.

Вазорати маорифи Тоҷикистон роҳ барои коррупсия, ҳаромхурӣ ва фаҳшоро пеша кардааст. Аммо дар давлатҳои пешрафта ва ру ба пешравӣ ҳамеша ҳаракат мекунанд, ки аҳолӣ босавод ва соҳиби илм бошад.Табиист,ки агар илму маърифат дар ҷомеъа беқадр бошад, мардум бесаводу чалласавод мешавад. Мардум аз саводу илм дур шаванд мағзшуии онҳо хело осон мешавад ва онҳо қурбонии ба ном муллоҳое мешаванд, ки онҳоро ба осонӣ ба роҳи гумроҳӣ ва радикалӣ роҳбалад мешаванд.

Барои тавзеҳу ташреҳи масъала бо мисол одӣ мехоҳам ба шумо расонам, ки мардуми тоҷик ва алахусус ҷавонон аз руи руйхати  вазорати дохилӣ ва маълумоти вазири дохилӣ Тоҷикистон то соли 2010ум хеле кам ва ба шумори умумӣ то 100-150 нафар аъзои гуруҳҳои тундрав буданд.

Аммо пас аз соли 2015 танҳо аъзои гуруҳҳои тундрави «Алқоида» ва ДОИШ зиёда аз 1000 то 2000 нафарро ташкил медиҳад. Сабаб дар он аст  ки ҳукумат муллоҳо ва олимони диниро дар Тоҷикистон аз руи саҳна дур кард. Аз ҳамон сол дигар мардум дар масҷид аҳкоми динӣ, фарҳанг, роҳи ҳалол ва омузиши чораҳои пешгирӣ аз роҳҳои радикалиро аз даст дод. Муллоҳо ба монанди Саидмукаррам ё ҳоҷӣ Мирзо ва Ҳусейнзода  ҳамеша дар мавъизаҳои худ аз пешвопарастӣ ва бадгуӣ дар нисбати ҳар касе, ки сухани ҳақро мегуяд сар карданд. Вақте як инсон наметавонад илми исломӣ ба даст оварад, соҳиби фаҳмиши   исломи хҳақиқӣ шаванд пас мераванд аз паси инсонҳои чалламуллову онлайнмуллоҳое, ки баъзе аз онҳо ҳатто аз «қоидаи бағдодӣ» дарак надоранд. Мисоли оддӣ ҳамон Искандари «Маданӣ»,ки  якчанд наворҳояшро тамошо кардам. Дар ҳоле, ки худ мулло нестам лек хатогиҳои таллафузии уро зиёд пайдо кардам. Акнун ҷавони тоҷик ҳамингуна муллоҳои ба қавли Расули Какрам  «муллоҳои гумроҳкунанда» ва даҷҷолчаҳо омузиши динӣ мегиранд.

Дар суҳбат яке аз мусулмонҳои сиёҳпусти Амрико ҳикоят кард, ки маҳз ҳамин дини ислом буд, ки сиёҳпустони мусулмонро, ки ба ҳайси ғулом ба Амрико оварда буданд ва тамоман ноумед аз зиндагӣ ва дунё шуда буданд, бо орзуву умеди охират руҳияи онҳоро боло доштааст.

Яъне, вақте инсон аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вазъи бад дошта ва умеде ба фардо надошта бошад, танҳо умед аз охират пайдо мекунад. Ҳамчуноне чанд пайрави ДОИШ гуфта буданд «мо медонем, ки шаҳид ва дар биҳишт дорои ҳама чиз мешавем». Чунки онҳо дар дунё ноумед ҳастанд. Ҷавони тоҷик пас аз хатми синфи 9 медонад, ки пас аз ду сол паспорт мегирад ва ба Русия меравад ва соҳиби кор шуда сум роҳӣ мекунад, то онки хонаро обод кунад ва сум ҷамъ кунад ва пас соҳиби оила мешавад. Лек дар ҳақиқат дар як сол ду маротиба маблағ бояд диҳад, ки аз «ОБЛАВА» озод шавад. Пас ба Тоҷикистон меравад ва барои як қитъа замин доля медиҳад ва боз дар ҳарҷо коргарони Рамазон Раҳимзодаи Чеки Чан пора талаб мекунанд ва он орзуву ниятҳои ҷавон пура барбод меравад. Пас ҷавон ба 28-30 солагӣ мерасад ва ними саломатиашро аз даст додааст ва оиладор мешавад ва боз зиндагӣ дар азоб боз ҳам руй мекунад ва ба YouTube медарояд ва чунин лаънатиҳое,ки ба монанди Маданӣ ва Лангулиро тамошо мекунанд. Дар як ҳолати ноумедиву яъс таҳти таъсири ин таблиғот меуфтад, ки ин дунё киро намекунад. Боз бо ягон радикали корманди Кумитаи Амният ҳамсуҳбат мешавад, ки ӯро дъават ба гуруҳҳои тундрав мекунад ва билеташ мехарад ва ёриаш медиҳад, ки ӯ равад дар хориҷа худашро тарконад. Яке аз дӯстони наздик, ки дар Кумитаи амният кор мекунад гуфт, ки гурӯҳе мушаххас аст, ки зиёда аз 300 коргар танҳо дар Инстаграм, Фейсбук, Вконтакте, Однакласники ва Телеграмм кор мекунад, ки ҷавонҳои руҳафтодаро дорад. Ва ягон касро ба даст афтода ӯро ё равон мекунанд барои худкушӣ ё агар каме доро бошад ба гуфти кучагӣ «гови ҷушо» мекунанд. Сардори ҳамин гуруҳи махсус лақаби «домулло» дорад ва аз руи гуфти дустам худ мулло ва имомхатиби яке аз масҷидҳои ҷомеъи Душанбе мебошад. Қисса кутаҳ аз ҳисоби танқисӣ дар зиндагӣ инсон аз рӯи табиати худ дар кофтукоби зиндагӣ хуб комфорти мебошад ва аз лиҳоз ҳамеша кушиш мекунад, ки роҳи осонро пеша мегирад.

Сиёсати Пешво зулму залолат ба сари мардуми точик овард. Ба забони илми Психология «беэътиноӣ» ба сари мардум оварад, ки инсон тамоман аз ояндаву зиндагӣ дар чунин муҳит норозӣ ва нобовар аст.

Ҳамеша ба ҳама гуна расвоӣ розӣ мешавад то ин гуна ҳаётро ба охир расонад. Вақте  ҷавони тоҷик худ ба худ фикр мекунад, ки чаро Рустами гунг любой чиз бихоҳад дорад, чаро Исмоили Пингвин соҳиби тамоми шароит ва вазифа аст ва чаро Сомони сабзи ба даст  бо ин ҳама бесаводии худ метавонад соҳиби вазифаҳо шаваду шаҳрванди хориҷӣ ҳам бошад аммо ман ҳатто нони серӣ ба даст оварда наметавонам? Ман соҳиби дипломам аммо соҳиби ягон вазифа шуда наметавонам ва ҳақе надорам, ки оянда ҳам соҳиби вазифа шавам. Дар ана ҳамин гуна мавридҳо таҳти таъсири ана ҳамон муллоҳо қарор мегирад. Ин ҳама ноадолатишоро мегуяеду мегуянду сари он ҷавонро мегардонанду тоб медиҳанд. Яъне ин Раҳмонов аст ки ҷавонҳоро ба самти радикализм тела медиҳад.

Ҷавони тоҷик аз хурдсоли дар мактаб ва масҷид ва назди муллоҳову отунҳо дарси динӣ мегирифт. Ин раванд дар тули таърих, аз ҷумла дар замони шуравӣ низ амал мекард.

Пас аз омадани Ислом ба сарзамини мо, тоҷикон пешсафтарини мусалмонҳо дунё ,аз таърих бармеояд,ки илму маърифат ва инновацияҳо аз тарафи тоҷикон сарчашма мегирад. Аммо ҳоло ҷавони тоҷик чунин нест ва дар Русия қадраш аз саги соҳибкор садҳо маротиба пасттар аст. Тамоман иззту эҳтиром надорад. Ҷавоне, ки каме илм аз таърихи миллати худ дорад ва ҳолати ҳозираро дар Русия ва Тоҷикистон мебинанд хеле рӯҳафтода мешавад ва роҳи беҳтарини «самореализатсия»ро ҷустуҷу мекунад ва дар охир ба ҳамин роҳ ба доми радикалҳо афтода идеологияи онҳоро пурра қабул мекунад.

(идома дорад)

Хоруғ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман зодаи Роштқалъаам. Феълан дар як иёлати Амрико зиндагӣ мекунам. Сину солам дигар аз кор гузаштааст .Солҳо дар ҳукумат ва вақтҳои ахир дар Маҷлиси олӣ кор кардам. Ҳоло ҳамроҳ бо духтару набераҳоям ҳастам.

Дар расонаҳо хондам, ки бархе аз созмонҳо аз Амрико хостаанд, ки барои нақзи ҳуқуқ ба озодиҳои динӣ масъулони соҳаро дар Тоҷикистон таҳти муҷозот бигирад ва мамнуъулсафар карда суратҳисобҳои онҳо дар хориҷаро бандад.

Ин иқдом саддарсад дуруст аст агарчи хеле дер шудааст. Вале бояд ин корро бо худи Раҳмонов ва наздикони вай кард.  Ба камтарин ҳисоб худи Раҳмонов ва аъзои оилаи вай даҳҳо баробар аз пули бюҷети давлатӣ пул ба хориҷа ба суратҳисобҳои офшориашон интиқол додаанд.Онҳоро бояд таҳти таҳрим –санксия қарор дод. Ин Раҳмонови ғайридин ҳам ба мардуми пайрави тасаннун ва ҳам ба мо-бадахшиҳо пайравони мазҳаби ташаюъ бисёр ҳам бадрафторӣ кард ва ҷамоатхонаҳои мо ва халифаҳои мо ва махсусан аълоҳазрат, ҳозиримом, Оғохони 4ро бисёр ҳам таҳқир кард.Ман мутаминам, ки як руз не як руз, ин номардро худо мезанад.

Ва, ҳоло як ҳодисаи аз сари худам гузаштаро нақл мекунам. Вақте Ҷаббор Расулов, Котиби аввали ҲКТ даргузашт аз сейфаш ҳамагӣ 20 ҳазор рубл пасандоз баромаду тамом.

Ҳозир Раҳмонов ва аъзои оилаи вай миллиардҳо доранд! Ҳатто дар ҷойҳое барои худаш дача ва макони тафреҳу истироҳат ташкил карда ва онҷоҳоро бо евроремонт таъмир кардааст, ки зоғ ё каргас базур роҳ меёбад. Дар Искандаркул, Панҷакент,Норак, Варзоб,Муъминобод, Роғун, дар дигарҷоҳо барои худ ҳамингуна истироҳатгоҳҳо сохтааст, ки фақат бо чархбол метавон рафт.

Дар Душанбе системаи гармидиҳӣ ва канализатсия  дуруст кор намекунад. Ончиро ки буд хароб кардааст. Аммо дар тори куҳ барои худаш шароити биҳишт сохтааст.

Ҷаббор Расулов Норакро сохт. Аммо Раҳмонов пулҳои Роғунро ба авлодаш,  бо Ҳасану Озодаву дигару дигараш ончунон дуздиданд, ки бо он пулҳо мешуд боз як Роғуни дигар сохт. Ҷаббор Расулов ободкору созанда буд, на сӯзандаву яғмогар чун ту! Хурокашро ҳатто ҳамсараш мепухту худи вай макказор ба макказор, пахтазор ба пахтазор мегашту дастуру супоришҳо медод. Вале, бо ҳама дастнишондагиву вобастагиаш ба Кремлин  Роғун месохту Анзобу Нораку ТадАЗ. Вале ту бо ин қадар унвону медалёну «қаҳрамониҳоят» барои ин мардум чӣ додӣ?

Э, мардум!, ба умеди Раҳмонов нашавед. Талко 450-500 000 тонна истеҳсол мекард. Ҳоло 60.000 тонна. Ин аст муқоисаи Расулов бо Раҳмонов. Расулов дар квартира ҷон бохту қасри Раҳмоновро бинед, ки чи гуна аст?

Пенза

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман чандин сол аст ки сайти «Ислоҳ»-ро пайгирӣ ва мутолиа мекунам. Инҷо бо зану фарзандонам зиндагӣ мекунам. Дар як муассисаи олии ин шаҳр дарс медиҳам. Баъд аз ҳодисаи «Крокус ночор шудам, ки фикру андешаамро дар иртибот ба ҷавонҳои тоҷик ва инки чаро онҳо дар актҳои террористӣ ширкат меварзанд баён созам. Албатта, ин дар ихтиёри шумо аст ки нашр мекунед ё не ва ё инки алоҳида нашр мекунед ва ё дар таркиби барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» низ ба салоҳдиди шумо аст.

Ба назари ман ва ба фикри аксарияти коршиносон иллати асосии иштироки ҷавонҳои тоҷик дар ҳодисаҳои террористӣ ин ҳукумати Тоҷикистон ва сиёсатҳои саркубгароёнаи он махсусан дар нисбати дини ислом аст. Ҳукумати Тоҷикистон дар муносибат бо дини ислом як мавқеъи пур аз хушунат ва хусумат дорад. Ва ба назари ман муҳимтарин мушкилоти имрӯза дар Тоҷикистон ин муборизаи сахту шадиди ҳукумат бар алайҳи ҳама дигарандешон дар тамоми қишрҳои ҷомеа аст. Вай бо баҳонаи мубориза бо терроризм сиёсати исломҳаросӣ ва исломситезиро пеша кардааст, ки он вокуниши чапа ва манфӣ ба бор меоварад. Аз тарафи дигар Эмомалӣ Раҳмонов дар тули ҳокимияти 32 солаи худ  ягон коре накард, ки  ба некуаҳволии мардум равона шуда бошад.

Тамоми арсаҳои даромадноки иқтисоди Тоҷикистон дар дасти Раҳмонов ва оилаи вай қарор дорад. Аксарият секторҳои иқтисоди Тоҷикистон дар дасти хешу табор ё дар дасти аъзои оилаи Эмомалӣ Раҳмонов аст. Аз коркарди алюмин оғоз карда, то экспорти барқ, маъдану конҳои фоиданок ва ғайра.

Раҳмонов барои даромад ва суди ширкати хусусии «СомонЭйр» амдан ширкати давлатии «ТоҷикЭйр»-ро банкрот кард.Ҳоло дар пойтахт ширкатҳои таксӣ, меҳмонхонаҳо комилан дар ихтиёри оилаи Раҳмон қарор дорад. Оилаи Раҳмонов тамоми системаи бонку молияи Тоҷикистонро дар қабзаи оилаи худ даровардааст.

Аммо беш аз се миллион саканаи Тоҷикстон, зиндагонии худ ва оилаҳои худро дар берун аз кишвар меёбанд. Оё ин аз бад будани сиёсати иқтисодии як давлат далолат намекунад? Ҳеҷ ҷавони кишвари мо зиндагонии осударо намебинанд. Аз даврони кудакӣ падараш дар Русия аст ва вай тарбияро намебинад ва сиёсати маорифи ҳукумат тамоман   коррупсионӣ ҳаст. Пас аз хатми мактаби миёна бояд иҷборан ба хидмати аскарӣ бурда шавад ва ҷавон дар стрес қарор дораду бояд пул пайдо карда диҳад, то сарбозӣ наравад. Мумкин аст пурсед чаро фирор мекунад аз хидмати аскарӣ ? Барои онки дар онҷо ду сол ӯ ё ба бемориҳои гуногун гирифтор мешавад ва ё аз таҳти шаллоқу шатта қарор мегирад ва  ё мурдааш ба падару модараш супурда мешавад. Xидмати ҳарбӣ мисли як конслагер аст.

Ҷавонҳо ба берун мебароянд ва саддарсад имкон ҳаст ,ки ба ҳар гурӯҳҳои гуногун шомил шавад. Чун дар дохил аслан саводе нагирифта буд ва на динашро фаҳмида буд, на саводе аз маорифи кишвар омухта буд.

Раҳмон дар ҳар маврид, ҷашнҳо, нишастҳои сарони кишварҳо аз риски терроризм ва хатар аз тарафи Афғонистон ҳарф мезанад. Мехоҳад бо ин воҳима пул гирад, ки ман 1400 км марз бо Афғонистон дорам ва маро кумак кунед, ки тавонам марзро ҳимоят бикунам. Агар надиҳед кишварҳои шумо ҳам дар хатаранд. Манзур ба кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ-ОДКБ. Дар ҳоле ки маблағҳои ба даст овардаашро дар ҳимояти марз ва тақвияти он сарф накардааст, ё агар сарф кунад ҳам дар ҳаҷму миқдори ниҳоят кам.

Як мисоли мушаххас. Дар ду соли охир дар марзи Тоҷикистону Aфғонистон ва Қирғизистон бо эътирофи худи Раҳмонов 73 дидбонгоҳро тоҷирон сохтанд. Яъне тоҷирони кишварро маҷбур мекунанд, ки агар хоста бошанд тиҷорат кунанд дидбонгоҳ созанд, вагарна намегузоранд кор кунанд. Тоҷирон месозанду бо ҳамин тиҷораташонро баста аз кишвар фирор мекунанд. Ҳама он пулҳое ҷудо мешавад, чи аз буҷа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳоро ба ҳисобҳои оффшорӣ мефиристад ва аслан дар ҳеҷ коре дар масъалаи муқобили «терроризм» чуноне худаш меномад истифода намекунад. Чунки дар асл ҳеҷ хатаре таҳдидаш накарда аст ва инро ҳама медонанд.

Метавонем бигуем, ки ҳангомасозӣ ва истифодаи вожаи «терроризм» як тиҷоратест барои Раҳмонов ва оилаи ӯ. Инчунин ӯ аз ҳар амали террористие, ки дар хориҷ аз кишвар тавассути тоҷикон сурат мегирад, хушҳол мегардад. Зеро, ки ин ҳодисаи террористӣ мутаассифона, тасдиқи воҳимаҳои уро мекунад.  Ва боз дар кишвар фишорро бештар мекунад ва дигар ҳар шаҳрвандеро кушту зиндон кард, мегуяд ӯ террорист буд ва барои ин ман ӯро зиндонӣ кардам. Бо ин баҳона ҷомеъаи дохилӣ ва байналмилалиро дар таҳти сахттарин фишорҳо қарор медиҳад ва агар ҷомеъаи ҷаҳонӣ, муассисаҳои ҳуқуқӣ пурсиданд мегуяд, ки ман бо «терроризм»  ва зуҳуроти номатлуб мубориза бурда истодаам. Дар ҳоле ки ҳокимияти Раҳмонов худ боиси афзоиши радикализм ва рафтани ҷавонон ба гурӯҳҳои даҳшатафкан ҳаст.  Чунки ҷавонон ҳеҷ ояндаи некеро дар кишвар ва дар ҳокимияти Раҳмонов интизор нестанд. Пас Раҳмонов худаш яке аз мураввиҷони терроризм дар кишвар ва хориҷи он аст, ки бо хушунатҳои сангине болои мардуми кишвар анҷом дода истодааст.

Бо ин ҳамамутаассифона, дар Тоҷикистон феълан на алтернативаи демократӣ ва на дунявӣ барои ҷавонон вуҷуд надорад. Набудан ё сифати паст доштани таҳсилоти расмӣ ва динӣ, аз ҷумла набудани озодии баён ҳоли ҷавононро (на танҳо ҷавонон) бадтар мекунад. Сабабҳои зикр карда барои эмиссарҳои ифротии ДОИШ ва ғайра барои шустани майнаи шаҳрвандони ҷавони тоҷик дар Тоҷикистон, ва махсусан дар Русия як платформаи комил фароҳам меорад.

Барои ҳамин ба назари ман ба Раҳмон ва ҳукуматаш пул ҷудо кардан дар соҳаи мубориза бо терроризм ин маънои онро дорад, ки шумо ба «Алқоида» ва ё ҳар гурӯҳҳои террористии дигар пул додаед, ки бар алайҳи «терроризм» мубориза баред! Воқеан, маблағҳои созмонҳои номбаршуда на барои ҳифзи шаҳрвандони Тоҷикистон аз терроризм, балки барои ҳифзи режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмонов масраф мешавад. Омӯзиши машқҳо барои бахшҳои гуногуни низомӣ, танҳо барои пахши озодӣ дар Тоҷикистон истифода мешавад. Масалан, оилаи як шиносам ва писари вай. Вақте ки онҳо аз Тоҷикистон берун шуданд, он писар тақрибан 12 сола буд, аммо мақомоти Тоҷикистон ӯро дар пойгоҳи ҷустуҷӯи номнавис карданд, ҳатто дар Русия, ва модару хоҳарашро ҳам.  Ман метавонам даҳҳо чунин ҳолатҳоро пешниҳод кунам. Ҳар касе, ки алайҳи режими Эмомалӣ Раҳмонов сухан мегӯяд, ҳатто дар хориҷ аз кишвар, дар руйхати  ҷустуҷӯи мақомотҳои қудратӣ қарор мегирад.

Ман фикр мекунам, ки то он рӯзе Раҳмонов сари қудрат ҳаст аслан аз густариши радикализм ва терроризм дар Tоҷикистон ва пайвастани ҷавонони ин кишвар ҷилавгирӣ кардан душвор аст.  Дуруст фаҳмед маро чaро инро гуфтам? Аслан тоҷикон хело мардуми оромтабиат ва инсондӯст ва одиянд. Аммо сиёсати пеш гирифтаи Раҳмонов,ки маҳдудиятро дар ҳама ҷанбаҳо ҷорӣ намудааст, ки шаҳрвандро ба худкушӣ қариб оварда расонида аст.  Озодона тиҷорат кардан наметавонад,  сухан гуфтан наметавонад, хурсандӣ карда наметавонад, дину ақидаашро наметавонад амалӣ намояд дар кишвараш. Барои як лайк метавонанд шаҳрвандро ба 7 то 15 сол зиндонӣ намоянд. Агар пул дод ба мақомот ё ҳукми камтар медиҳанд ва ё озодаш мекунанд. Моддаи 307 дорад, ки қариб 50 фоизи зиндонҳои кишвар пур аз онҳое мебошанд бо ин модда дар зиндонанд ва ё шишта баромаданд. Ин дастрастарин моддае ҳаст, ки шаҳрвандро бо он иттиҳом мезананд ва зиндонӣ мекунанд. Магар дар чунин кишвар ва ҳукумат метавонад шаҳрванд як зиндагонии осуда дошта бошад? Агар хориҷ шудӣ аз кишвар занг мезананд ба шаҳрванд аз мақомоти қудратӣ, ки ту бо мухолифин ҳамкорӣ дорӣ ва агар хоҳӣ номат дар листи кофтукоб набошад ё $5000 фирист, ва ё баргард то зиндонат кунем.

Ҳоло сахтарин вазъ болои тоҷик ҷорӣ шудааст. Чунки шуморо вақте пулиси Русия ё Қазоқистон ва ҳар кишвари пасошуравӣ боздошт кард бояд шумо ба он пулис ҳам пул дода ҷонатонро халос кунед. Агар надодед шуморо бегуноҳ боздошт ва ба Тоҷикистон экстрадитсия мекунанд. Дар тамоми сафарҳои хориҷие, ки Раҳмонов меравад ягона меморандуме, ки имзо мекунад, ин меморандуми амниятӣ аст. Барои Раҳмонов санадҳои иқтисодӣ ва дигар санадҳо имзо шуданаш аслан аҳмият надорад. Ҳатто бо ҳукумати Толибон ҳам ин созишномаро имзо карда аст дар ҳоле гӯйё ҳукумати онҳоро намешиносад.

Акнун фаҳмидед як шаҳрванди Тоҷикистон дар дохил ва хориҷ гирифтори чи гуна мушкилот аз ҷониби ҳукуматдоронаш қарор мегирад? Дар ҳамин ҳолат худатонро гузоред, фикр кунед чи кор мекардед?

Системаи қувваи қазоии Тоҷикистон- додгоҳҳо тамоман як системаи коррупсионӣ аст, ки ба ҳаёти шаҳрвандон бозӣ мекунад.

Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон падари шавҳари духтари охирони Раҳмонов аст. Бузургтарин коррупсионер! Метавонем бигуем, миллиардҳо доллар ба даст овардааст,  ки ҳамааш аз шаҳрвандони кишвар ва фуруши мансабу вазифаҳои прокуратура аст.  Прокуророне вазифаҳоро хариданд бояд он пули додаашонро аз мардум бигиранд. Вазорати дохилии кишвар дақиқан ҳамин ҳолат ва аз ин бадтар. 13 сол аст як нафар дар вазифа аст ва кораш ҷиноят содир кардан дар либоси қонун.

Дақиқан КДАМ ҳам ҳамин шакл ва интригаҳо ва спектаклҳои қатлу кушторро дар дохил ва хориҷ  анҷом медиҳад. СС.Ятимов ҳам 13 сол аст дар ин вазифа нишаста аст.

Ниҳоди зидди коррупсия кишвар низ мисли ҳамин ниҳодҳои болозикр асту кораш боздошти муаллиму духтурест, ки 10 доллар пора гирифтаро боздошту барои 10 сол ва бештар аз он зиндонӣ кардан аст. Аммо онҳое миллионҳо аз буҷаи кишвар медузданд бо онҳо ҳамкорӣ мекунаду ҳақашро мегираду чизе ба онҳо намешавад.

( идома дорад)

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №142 появились сначала на ISLOH.net.

Кӣ «Тоҷик Эйр»-ро қарздор карду кӣ бояд зиндонӣ шавад?
Рустам Холиқов, раиси пешини ширкати «Тоҷик Эйр» барои талаву тороҷи 50 миллион доллар, муодили беш аз ниммиллиард сомонӣ, муттаҳам мешавад. Муҳокимаи қазияи ҷиноии раиси собиқи ширкати «Тоҷик Эйр» дар оғози моҳи аввали соли ҷорӣ, дар додгоҳи шаҳри Душанбе шуруъ шудааст. Бинобар хабарҳо Рустам Холиқов дар сирқат, баромадан аз ҳадди ваколат, суиистифода аз мақом ва расонидани хисорот ба ин ширкати давлатӣ муҷрим дониста мешавад. Ҳамчуноне гуфтем сухан аз тороҷи 50 млн доллар меравад. Рустам Холиқов моҳи майи соли гузашта дастгир шуда буд ва тавре мебинем тафтишот ҳашт моҳи тамом аъмоли ҷиноии ӯро зеруру кардааст. Аммо савол инҷо аст, ки ин катазани як замон дар канори Эмомалӣ Раҳмонов ва Ҳасан Асадуллозода ин ҳама пулҳоро тоқа хурдааст?  Ва агар ин миқдори бузурги пул -беш аз ниммиллиард сомонӣ ба сирқат бурда шуда бошад, чаро органҳои танобкаш, Прокуратура, Агентии мубориза бо фасод, Палатаи ҳисоб, ВКД, КДАМ то ба ин ҳад расидани ҳаҷми хисорот пай набурданд,  огоҳ нашудаанд? Масалан вақте ҳануз ҳаҷми зарар ё сирқат 10 ё 15 ва бигзор, ки 20 миллион доллар буд, огоҳ нашуданд ва ҷилавгирӣ накарданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки Рустам Холиқов на як  бор, балки ду бор дар курсии раиси «Тоҷик Эйр» омада ва бахши аъзами ин хисорот, ончуноне аз айбномаи ӯ бармеояд, дар давраи аввали раҳбарии ӯ расонида шудааст. Ва, чаро бо вуҷуди ин ҳама зарари бузург, яъне дуздии калон, ӯро боз дуввумбора раиси «Тоҷик Эйр» монданд?

Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ»! Мо, ба ҳиҷ ваҷҳ барои табриаи Рустам Холиқов қалам бар даст нагирифтаем ва барои онки бубинем ин қазия то куҷоҳо кашонида хоҳад шуд ва мақомот онро чи тавр «банду баст» мекунанд, сабр кардем ва сокит мондем ,агарчи ҳанӯз дар авоили тобистони соли гузашта, матлабе, ки дар зер қироат мефармоед, ба дастамон расида буд. Ин матлаб хеле тулонитар аз ончики ҳоло зери даст доред, шуд. Ва дар ҳар ҷое аз он аз расонаҳои интернетӣ ҳам иқтибосҳо оварда шудааст. Чунки дар бораи «Тоҷикайр» ва баҳсу даъвои он дар расонаҳои дохиливу байналмилалӣ зиёд навиштаанд.

Ончики ҳадс мезадем ва гумон доштем, ба яқин бадал шуд. Рустам Холиқов на танҳо барои «гуноҳон» ва «нафси бад»-и худаш посух медиҳад, балки вай ҳама дуздиву тороҷу   тасарруфу истилоро, ки ҳамроҳ бо Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк»,раиси «Сомон Эйр» ва додарзани Эмомалӣ Раҳамонов ва диктаву дастури бевоситаи вай дар ширкати «Тоҷик Эйр» анҷом дода буд, ба гардан хоҳад гирифт.

Рустам Холиқов дар ин мурофиа тани труси ( куни луч) хоҳад шуд –тамоми дору мадорашро кашида мегиранд ва ҳукми мусодираи молу амволаш ҳам, албатта, содир хоҳад шуд. Аммо баъид аст бо пардохти тамоми хисороти расида ва зарари расонида ба «Тоҷик Эйр» ҳам дар ин солҳои наздик руи озодиро бубинад. Акнун аз вай ба унвони Спрути авиатсия ва Зараррасони №1 ном бурда истдоаанд.

Ҳатто кам монда буд Рустам Холиқовро дар қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини Ҳасан Асадуллозода дар Ориёнбонк шарик бисозанд. Аммо, ин айбро бар ӯ назадаанд, вале дар ҷараёни бозрасӣ ӯро на як бору ду бор тарсонида буданд, ки метавонанд ин кушторро бори гардани вай кунанд.

Ин нуктаро мехоҳем махсус таъкид намоем, ки қабл аз Рустам Холиқов ҳам директорони генералии «Тоҷикайр», масалан Хайрулло Раҳимовро ба додгоҳ кашида буданд. Ҳеҷ кадоме аз онҳо «срок»-и гирифтаашонро «матат» накарданд, «досрочно» баромаданд. Чунки онҳо низ аз «одамон»-и Ҳасан Асадуллозода буданд ва ҳам дар дуздӣ ва ҳам дар раҳоии онҳо Ҳасан Асадуллозода нақши калидӣ бозидааст. Ҳамчуноне, ҳоло сарнавишти Рустам Холиқовро ҳам ҳамин Ҳасан Асадуллозода муайян мекунад.

Ҳануз дар соли 2018 Оҷонси мубориза бо фасод панҷ мудири “Тоҷик Эйр” аз соли 2008 ба ин сӯ: Алимурод Маҳмадалиев, Музаффар Исҳоқов, Фируз Ҳамроев, Рустам Холиқов ва Хайрулло Раҳимовро масъули буҳрони бавуҷудомада дониста буд. Аммо воқеият ин аст ки тамоми моҷарои муфлисшавии «Тоҷик Эйр»дуздиву сирқат ва қарздоршавиҳои он зери сари Ҳасан Асадуллозода аст. Ҳасан Асадуллозода дар ниҳояти амр муваффақ шуд, ки нақшаи аз бозори авиатсияи кишвар берун рондани «Тоҷикайр»,ки солҳо дар иҷрои он талош мекард, ба иҷро дароварад ва ин бозори бузурги мусофиркашонӣ ва интиқоли молу колоро барои «Сомон Эйр» и Оила монополия кунад.

«Сомон Эйр» соли 2008 вориди бозори ҳавонавардии Тоҷикистон шуд ва ба муҷарради  омадани он «Тоҷик Эйр» ягона ширкати давлатии ҳавопаймоӣ марҳала ба марҳала ва батадриҷ ба ҳошия ронда шуд. Фақат ва фақат барои онки «Сомон Эйр» ҷойи  «Тоҷик Эйр»-ро бигирад чанд нафар аз мудирони кулли «Тоҷик Эйр» дастгир ва доғи судӣ гирифтанд. Як соҳаи муназзам ва мураттаби ба меросмонда аз шуравӣ- авиатсияи Тоҷикистон ба ҳамин осонӣ ва муфт ба дасти Ҳасан Асадуллозода ва «Сомон Эйр»-и вай гузашт. Ҳатто Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон сафарҳои худ ба дохил ва хориҷи кишварро дигар бо парвозҳои «Сомон Эйр» анҷом медод. Ва, Сомон, номи ин ширкат аз номи писари дуввуми Эмомалӣ Раҳмонов гирифта шудааст.

Хуб, ҳоло баргардем ба қазияи Рустам Холиқов, нафаре, ки як замон аз дӯстони наздики Ҳасан Асадуллозода ва аз ҳамсуҳбату ҳамнишинҳои Эмомалӣ Раҳмонов буд. То шуруи мурофиа дар додгоҳ 8 моҳ дар дасти тими Мансур Ғанизода, сардори Раёсати тафтиши ҷиноятҳои махсусан муҳимми Прокуратураи генералии Юсуф Раҳмон, қудои охирини Эмомалӣ Раҳмонов даступо заду даҳҳо миллионро ҳам баргардониду аммо ҳоло бошад тоқаву танҳо дар муқобили «адолати судии Раҳмонов» дар суди шаҳри Душанбе лабу даҳанаш хушку қоқ аст. Инҷо барои онки чаро «Тоҷик Эйр» муфлис шуд аз забони собиқ муовини мудири ин ширкат як мисоли мушаххас меоварам:

Валерий Шарипов собиқ муовини раиси «Тоҷик Эйр» дар чанд соли пеш дар як конфаронси матбуотӣ ба хабарнигорон чунин гуфтааст:

«Бо гузашти ду соли таҷдиди сохтор, ширкати «Тоҷик Эйр» дар назди аксари ин корхонаҳо қарзи калон ҷаъм кард. Ҳамин тариқ, то январи соли 2011 қарзи «Тоҷик Эйр» аз фурудгоҳи Душанбе 27 миллион сомонӣ (6,1 миллион доллар), аз фурудгоҳи Хуҷанд — 14 миллион сомонӣ (3,2 миллион доллар), Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» — 8 миллион сомонӣ (1,8 миллион доллар) буд. миллион).

Ман ин маблағҳоро қарз намехондам, онҳо қарз нестанд, зеро бо итминон метавонам бигӯям, ки нархномаҳо, бахусус хадамоти фурудгоҳҳо, ҳатто дар муқоиса бо фурудгоҳҳои Русия хеле баланданд. Мо парвозҳои зиёди зиёновар дорем, ки яке аз онҳо Душанбе — Хоруғ аст, ки мо онро иҷро мекунем, ба манфиати давлат кор мекунем, вале бо зиён. Ҳамзамон мо тамоми андозҳои фурудгоҳ ва навигатсияро пардохт мекунем. Чаро мо метавонем ба нафъи давлат кор кунем, аммо дигарон наметавонанд?”, — гуфт баъдан муовини директори генералии “Тоҷик Эйр” Валерий Шарифов.

Ҳамин тариқ, ба гуфтаи Шарипов, интиқоли мусофирон тавассути автобус ба ҳавопаймо дар шаҳри Сургут 29 доллар ва дар Душанбе 50 доллар, як ҳавопаймо 11 доллар ва дар Душанбе 70 доллар, парвозу фуруд барои як тонна парвоз арзиш дорад. вазн — 11 доллар ва дар фурудгоҳи Душанбе — 13 доллар. Интиқоли экипаж ба ҳавопаймо дар Сургут 9 доллар, дар Самара 17 доллар, дар Новосибирск 28 доллар ва дар Душанбе 50 доллар аст.

«Интиқоли ду командири экипаж ба ҳавопаймое, ки дар масофаи 800 метр дар масофаи ба истилоҳ «тангемка»-и фурудгоҳи Душанбе ҷойгир аст, 50 доллар арзиш дорад. Тасаввур кунед, ки нархномаҳо чанд маротиба боло мешаванд ва сабаби қарзҳои пайдошуда маҳз ҳамин аст. Ва боз як нуктаи муҳим — аэродром барои як рейс барои хизматрасонии самолёти АН-28 мо фактура мегирем, ки дар он навишта шудааст, ки кори як мошини махсус барои тоза кардани хаммомхо 137,6 доллар арзиш дорад. Аммо дар асл АН-28. ҳаммом надоранд ва дар он ҷо чизе барои коркард нест, аммо барои ин хидмат аз мо пул мегиранд, бинобар ин ман дар ин маврид калимаи “қарз”-ро қабул намекунам”, — қайд кард Валерий Шарифов.

Ширкати сӯзишворӣ ва сӯзишворӣ (ТЗК) барои ширкат мушкилиҳои зиёде ба вуҷуд овард ва ин мушкилот то имрӯз афзоиш меёбад. Маҷмааи сӯзишворӣ ҳамчун монополист дар таъмини сӯзишвории авиатсионӣ арзиши гаронбаҳои сӯзишвории ҳавопайморо барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ — 1200 доллар барои як тонна муқаррар мекунад, дар ҳоле ки дар Қирғизистони ҳамсоя, ки шароити бозор бо Тоҷикистон яксон аст, арзиши як тонна сӯзишвории ҳавопайморо муқаррар мекунад, 800 доллар аст».

Ин ҳама «бозиҳо» аз тарафи дастаи таъйинкардаи Ҳасан Асадуллозода дар раҳбарии ширкати «Тоҷик Эйр» анҷом дода мешуд ва Рустам Холиқов ҳам дар ин васат истисно набуд. Бар изофа «Топливно-заправочная компания» (ТЗК) ин ширкати Ҳасан Асадуллозода аст ки то ҳамин имрӯз амал мекунад.

Зоҳиран Рустам Холиқовро барои хариди самолётҳое ба курсии айбдорӣ нишондаанд, ки нокоромаданд, коршоям нестанд. Сухан аз 25 млн доллари хариди лизингии ду адад самолёт меравад.

Дар айбномае, ки Абдуллоев Зебдулло Фатҳуллоевич, намояндаи ваколатдори ҶСК «Тоҷик Эйр» дар расонаҳо нашр кардааст, дар мавриди ин самолётҳо чунин гуфта мешавад:

«Дар давраи роҳбарии Халиков Р.И. ду шартномаи дигари лизинги молиявӣ оид ба 2 ҳавопаймои ширкати UAB «Skyroad Leasing» (Ҷумҳурии Литва) низ амал мекард. Аз созишномаҳои иҷораи ҳавопаймоҳои Боинг 737-500 LYAWF/ LY-AWG аз ширкати UAB «Skyroad Leasing» (Ҷумҳурии Литва) ба ҳолати моҳи ноябри соли 2014 ҶСК «Тоҷик Эйр» дар назди ин ширкати литвагӣ дар асоси ҳалномаи суди тиҷоратии шаҳри Вилнюс 2 824 000 доллари ШМА, қарздор шудааст.  Дар моҳи ноябри соли 2014 ин ҳалномаи судӣ дар суди иқтисодии шаҳри Душанбе эътироф карда шудааст. Тасдиқи ин санади судӣ оид баҳси мазкур бо ширкати UAB «Skyroad Leasing» дар Душанбе дар давраи роҳбарии Халиков Р.И. амалӣ шудааст.

Мавриди зикри хос аст, ки тибқи талаботи Созишномаҳо Халиков Р.И. бояд дар охири моҳи сентябр ва моҳи октябри соли 2014 ҳавопаймоҳоро ба соҳибмулк бармегардонд ва ё маблағи боқимондаи қарзро пардохт мекард ва ин 2 ҳавопаймо моликияти ҶСК «Тоҷик Эйр» мешуданд, вале ин корро ӯ иҷро накард. Дар натиҷа, ба қарзи пешина боз қарз аз пардохт накардани маблағи лизингии семоҳа ва арзиши ниҳоии 2 ҳавопаймо, тибқи талаботи Созишномаҳо зиёд гардидааст. Аз ин ҷо, бинобар бозпас нагардонидани ин 2  ҳавопаймо боз маблағи 4 894 000 (4000000 ин арзиши ниҳоии ду ҳавопаймо тибқи Созишномаҳо ва маблағи пардохти лизингии семоҳа 894 000 (3х298 000) доллари ШМА зиёд шуд. Ҷолиби қайд аст, ки дар оянда ин маблағҳо низ дар ҳалномаи  ниҳоии 4 суди тиҷоратии шаҳри Вилнюс аз соли 2018 дарҷ гардидаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар моҳи ноябри соли 2014, то эътироф кардани 2 824 000 доллари ШМА ҳамчун қарзи ҶСК «Тоҷик Эйр» дар назди ширкати UAB «Skyroad Leasing» тибқи ҳалномаи суди тиҷоратии шаҳри Вилнюс, дар суратҳисоби ҶСК «Тоҷик Эйр» маблағ вуҷуд дошт ва Халиков Р.И. имконияти пардохт намудани онро дошт. Дар ҳолати пардохт намудани ин қарз дар ҳамон давра ин 2 ҳавопаймо тибқи Созишномаҳо моликияти ҶСК «Тоҷик Эйр» мешуданд ва қарзи Ҷамъият дар соли 2018 ба зиёда аз 23 млн. доллари ШМА намерасид! Аз ин ҷо, оқибати бемасъулиятии Халиков Р.И. ба фаъолияти ояндаи Ҷамъият таъсир расонд ва он дар зиёд шудани қарзи Ҷамъият дар умум ба 23 040 425,54 доллари ШМА дар соли 2018 оварда расонид, зеро ба қарзи пешина (2 824 000 доллари ШМА), баъдан боз қарзи нав (20 216 425, 54 доллари ИМА) зам шуд. Ин кор дар асоси санади ниҳоии судӣ вобаста ба аризаи даъвоии ширкати UAB «Skyroad Leasing» ва ба иҷро расонидани ҳалномаи дуюми суди арбитражию тиҷоратии шаҳри Вилнюс аз 25 апрели соли 2018, №373 нисбати ҶСК «Тоҷик Эйр» оид ба ситонидани маблағи 20,2 млн доллари ИМА ва дигар хароҷотҳо қабул ва амалӣ шудааст»

Аммо манбаъи Ислоҳ, ки гуфтем, хеле пештар дар бораи моҷарои Рустам Холиқов маълумотҳои зиёдеро дар ихтиёри мо гузошта буд, мегуяд:  «самолётҳоро оварданд, аммо кор нафармуданд ,чунки мебоист парвозҳои «Сомон Эйр» ба онҳо дода мешуд. Ва азбаски Ҳасан Асадуллозода муқобили ин кор буд ин самолетҳо то ҳозир дар ҳамон ҳолат ва дар як гуша партофта шудаанд. Вале иллати корношоямии онҳо ва ба мурғхона бадал шудани онҳо чӣ аст? Қисмҳои эҳтиётии даруни самолётҳоро Азиммамад  Қурбонови як масчоӣ, ки дар «Тоҷикайр» кор мекунад майда-майда вале пурра дуздида дар дигар самолётҳо зада обу лой карданд».

Мо,мутмаинем, ки дигар қисмҳои  кории ин ҳавопаймоҳоро низ барои «Сомон Эйр» дуздиданд. Ва, дар ҳақиқат ин дуздӣ, агар дар пасаш Ҳасан Асадуллозода набуд, як чунин ҷуръат ва ҷасорат намекард, ки қисмҳои ин ду самолётро бигираду ба дигарҳо бифурӯшад. Чун қисҳои ин ҳавопаймоҳо масалан сузан ва ё таҷҳизоти кучак нестанд, ки кушоиву дар ҷайбат бизанӣ ва аз тарафи дигар бидуни мусоилати «охрана» касе наметавонад ба онҳо наздик бишавад.

Литовсҳо (онҳое, ки бо Рустам Холиқов барои додани самолёт қарордод баста буданд) омаданду диданд, ки самолётҳо дигар короӣ нестанд. Даруни самолётҳоро холӣ кардаанд, қисмҳо (запчаст)-ҳои онҳоро дуздидаанд.

Дар асл ин самолётҳоро дар давраи роҳбарии Алимаҳмад Маҳмадалиев (аз Данғара) Рустам Холиқов оварда буд. Ин Маҳмадалиев як даҳмарда буд, оварданду дар инҷо монданаш аммо чизеро намефаҳмид, баракс Холиқов «шустряк» буд. Самолётҳоро оварду «Тоҷик Эйр» яъне Тоҷикистон аз Литва 25 миллион доллар қарздор шуд. Инҳо ҳамин Рустам Холиқов ҳам хостанд, ки бо онҳо (литовсҳо)сумро обу лой кунанд, попалам зананд.

Ҳамаи шогирдҳои Рустам Холиқов дар ширкат дуздҳо буданд, ки ба молу пули ширкат тамоман раҳм намекарданд. Як нафаре буд бо номи Азиз Мурватович аз Дарвоз. Вай асфалт ва дигар ашё барои ширкатро таъмин мекард.

Нафари дуввум сармуҳосиб Чупонов Ҳусен- аз ноҳияи Ҳамадонӣ буд, ки вай шогирди марҳум Шуҳрат Исматуллоев буд. Ҳусейнро ҳамин Шӯҳрат ширкат оварда ба кор монда аст. Аммо ин Ҳусейн он қадар Холиқовро гуш намекард. Лекин «обу лой»-ро ҳар қадр, ки мехост мекард. Дар фурудгоҳи Душанбе ранги арусакҳо раҳ мегашт.

Холиқов ҳам дар фурудгоҳ ва ҳам дар «Тоҷик Эйр» роҳбар таъин шуда буд. Онҷо мудири молиявӣ Давлатов Маҳмадалиро монда буд, ки одами худаш буд.

Дар онҷо одаме, ки асосан сумҳоро обу лой мекард Шарипов Акбар буд. Ин одам бисёр дузди калон аст ва то давраҳои раисии Раҳимов Хайрулло дар «Тоҷик Эйр» кор мекард. Мақомот Раҳимов Хайруллоро бурда маҳкам карданд. Гуфт, ки агар номи маро мегирӣ ва агар маро маҳкам мекунанд, аз поят кашида- кашида мебарам. Баъд ин Раҳимов Хайрулло, ки як ҷанбаи «пилус»-а дошт, аз Колхозобод буд, гуфт номи маро бигир.

Вақте Хайрулло Раҳимов омад ва дар «Тоҷик Эйр» раис шуд, як ҳафта пеш ба номи Тоҷикайр 50 миллион сомонӣ Рустам Холиқов ва Ҳасан Асадуллозода кредит гирифта буданд. Омаданд инро гуфтанд: «хап кун то тема набарояд, ки мо 50 миллион гирифтагием. Собиқ раиси Амонатбонк омад ва худаш гуфт, ки ана ҳаминҷо туро раис монданд, хап куну шин».

Ёдатон бошад дар як ҷаласа Эмомалӣ Раҳмонов ҳам раиси Амонатбонк ва ҳам ҳамин Хайрулло Раҳимов, раиси «Тоҷик Эйр»-ро аз толор пеш кард. Яке аз масъалаҳо ҳамин пул буд.

Бинобар хабарҳои расида айни замон 19 мошини хориҷии борбар, ки бархеашон рефрежатор доранд ва 27 хонаи Рустам Холиқов дар Душанбеву Ҳисор «арест» карда шудаанд.

Инро ҳам бояд алоҳида зикр намоем, ки Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ҳам дар дуздиҳои Рустам Холиқов ва раванди муфлис кардани «Тоҷик Эйр» 100% даст дорад. Қоҳир Расулзодаро дар соли 2018 раиси Комиссияи давлатӣ барои ба эътидол даровардани вазъи «Тоҷик Эйр» таъин карда буданд. Вай меомаду дар толори фурудгоҳ машқ мекард.

Боз Қурбони Алимардон қудои Таҳмина дар фурудгоҳи Хуҷанд низ дар ин корҳо қуш аст. Ва одами Таҳмина аст ва дар дуздиҳои калон-калони низоми авиатсияи  Тоҷикистон яке аз фигурантҳои асосӣ мебошад.

«Тоҷик Эйр» солҳои тӯлонӣ аз тарафи гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ идора ва ғорат мешуд. Маблағҳои дуздидашуда аз ин ширкат кайҳо аз рақами 7сифрдор убур кардааст. Роҳбари гурӯҳ Холиқов Рустам Исуфович аст.  Ӯ, ҳарчанд зикраш дар расонаҳо камтар меравад, яке аз наҳангҳои бузурги кишвар аст. Қудраташ то ҳадест, ки метавонад дар таъини вазири нақлиёт ва ҳамаи мансабҳои ин вазорат дахолат кунад. Ба ин гурӯҳ Ҷураев Сӯҳроб Муқимович, муовини раҳбари Сомон Эйр, Шералӣ Ганҷалзода, вазири собиқи нақлиёт, Исматулло Абдуллозода, мудири фурӯдгоҳи Душанбе, Лоиқ Ашуров, раҳбари “Тоҷикаэронавигатсия” ва ғайра шомиланд.  Аз ин гурӯҳ Ҳасан Асадуллозода пуштибонӣ мекунад. Ӯ на танҳо дар ғорати «Тоҷик Эйр», балки дар муфлиссозии он ҳам манфиатдор буд. Чун бозорро барои ширкати ҳавопаймоии худаш холӣ мекард.

Чанд нуктаро инҷо махсус зикр менамоем, ки «Тоҷик Эйр» маҳз бо саъйю талоши Ҳасан Асадуллозода муфлис гардонида шуд: Баъди ташкили «Сомон Эйр» ҳар касе раиси «Тоҷик Эйр» таъин шуд, ҳатман дастгир ва маҳкум ба зиндон ё бо пардохти маблағҳи бузург озод гардид. Суратҳисобҳои «Тоҷик Эйр» дар «Ориёнбонк»  мебошад ва тамоми амалиёти пулиу молиявии он таҳти контроли Ҳасан Асадуллозода аст ва беиҷзоати Ҳасан Тоҷикайр ҳатто пули худашро истифода ва масраф карда наметавонист. Маводди сухт ба «Тоҷик Эйр»-ширкати хусусии Ҳасан таъмин мекард ва маълум, ки бо чанд баробар бештари қиммат онро мефурухт. Ширкати “ТЗК” дар минтақаи офшори бритониёии Menford Holding LTD сабт шуда, ба Ҳасан Асадуллозода рабт дода мешавад. Ин ширкат сӯзишвориро бо нархе медод, ки 40% аз қиматҳои Қирғизистони ҳамсоя баландтар буд. Фурӯши билет ба таври монополӣ ва бе баргузории тендер ё озмун дар ихтиёри ширкате гузошта шуд, ки аз хоҳарзодаи Ҳасан Асадуллозода ва духтари президент Эмомалӣ Раҳмон — Таҳмина Раҳмонова ва шавҳари ӯ Зарифбек Давлатов аст. «Сомонайр» парвоз ва масирҳои «Тоҷик Эйр»-ро  захватит кард ва «Тоҷик Эйр»-ро аз бозор берун ронд. Тамоми персонали ҳирфаии корӣ ва махсусан летчикҳои «Тоҷик Эйр»-ро «Сомон Эйр» гирифт. Ин ҳама аз илал ва авомиле аст, ки мо аз манобеъи бози интернетӣ гирдоварӣ кардем. Вале ончики дар паси парда аст мо чизе гуфта наметавонем. Ҳамин Суҳроб Ҷураев, ки дар гурӯҳи муташаккили ҷиноии ғоратгари «Тоҷик Эйр»  ба унвони муовини директор зикр мешавад, феълан раиси «Сомон Эйр» шуд. Дар асл ин Суҳроб мутахассис-механики вертолет аст. Вай як маротиба кадом қисми эҳтиётӣ, тобхураки вертолети Раҳмоновро нито-нодуруст васл мекунад. Бояд мепарид ва сарнагун мешуд. Яъне чархбол авария мекард. Хадамоти бехатарӣ ӯро қапид. Аммо Озода Раҳмонова озодаш кард. Озода вайро кришават мекард. Барои онки бо Озода бизнеси запчаст дошт. Инҷо беҳад пули калон давр мехурад. Садҳо, балки миллион миллион доллар. Барои самолетҳои «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ва барои фурудгоҳҳои Душаневу Хуҷанд ва Бохтару Кулоб таҷҳизот меовард. Суҳроб бо Озода поделитса  мекарданд. Аз кор «отстранит» карданд, вале баъди як муддати кутоҳ боз оварданду раисаш монанд. Расонаҳо навишта буданд, ки аксари онҳое, ки ба шикасти “Тоҷик Эйр” кумак карданд, ба ин ё он шева бо соҳиби “Сомон Эйр” Ҳасан Асадуллозода ва атрофиёни ӯ наздикӣ доранд. Барои намуна, Хайрулло Раҳимов қаблан муовини раиси ширкати “Сомон Эйр” буд. Сармуҳосиби ширкат Акбар Шарифов, ки аз номи ду раҳбари “Тоҷик Эйр” амал карда, дар аксари муомилаҳои шубҳабарангез даст доштааст, пас аз оғози тафтишоти “Тоҷик Эйр” аз кор рафт ва ҳоло дар яке аз бахшҳои “Талко” сармуҳосиб аст. Рустам Холиқов 22 июли соли 2014 дубора раиси фурудгоҳи Душанбе таъин шуд. Вай соли 2008 ҳам ба ин мақом таъин шуда буд.

Дар ин 25миллион доллари хариди самолетҳо  Шералӣ Кабир, вазири саноат ва асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон низ 100 % қуш  аст. Ҳамчунин Акбар Шариф. Ин Акбар Шариф ҳоло шогирди Шералӣ Кабир шудааст. Ва дар Талко, муассисаи зери назорати Ҳасан Асадуллозода кор мекунад.

Дар як ҷаласа Исмат Абдуллозода, (Исмати дулик, наздиктарин одами Ҳасан Асадуллозода), раиси фурудгоҳи байналмилалии Душанберо Эмомалӣ Раҳмонов мехезонад ва мепурсад, ки ту киӣ, ки аз Амонатбонк ба номи аэропорт100 миллион қарз мегирӣ? Мегуяд муҳтарам Ҷаноби олӣ, ман нагирифтам, ман имзо мондам, ана ҳамин гирифт сумҳоро ва ба Ҳасан ишора мекунад, ки онҷо шиштагӣ буд. Ин хусурбачадустдор резко дар даҳонаш як мушт зада хап мекунад ва мешинонад. Зуд «тема»-ро тоб медиҳад. Баъди ин бузии Исмат хелеҳо мутмаин буданд, ки кори Исмат тамом, Ҳасан қабрашро меканад, ки не, кор карда истодааст. Чунки Дулик дойний корова аст. (Бинобар баъзе маълумотҳо Исмати Дулик дар ҷойи Комил Мирзоалиев, раис Роҳи оҳан мешудааст) Маҳмадалӣ Давлатов, ки дар «Тоҷик Эйр» сармуҳосиб буд, дар гузашта корманди КРУ буд, ревизориву аудиторӣ кардагӣ аст. Дар асл Холиқов Рустам  тарсончак ҳам буд, чунки дуздӣ бисёр дошт. Ин Маҳмадалӣ Давлатов манбаи даромади асосиаш камбудиҳои Холиқов буд. Меёфту метарсонду шантаж мекарду ҳақашро калонкалон мегирифт.

Аммо ин масъала, гирифтани кредит дар айбномаи Рустам Холиқов ,ки намояндаи ҳуқуқӣ ва ё адвокати ширкати «Тоҷик Эйр» бар муқобили Рустам Холиқов таҳия ва нашр кардааст  ба чунин шакл омадааст: «Халиков Р.И. дар давраи фаъолияти худ ба сифати директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» дар санаи 04 январи соли 2016 шартномаи қарзиро бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» баста, дар 2 марҳила дар умум 50 млн сомонӣ бо 15 фоизи солона қарз гирифтааст. Аз ҳисоби ин маблағҳо ӯ қарзҳои пешинаи Ҷамъиятро пардохт намудааст. Дар оқибат Халиков Р.И. як қарзро пардохт ва қарзи навро дар ҳаҷми зиёда аз 79 млн сомонӣ пайдо намудааст. Мавриди зикр аст, ки дар солҳои 2016-2022 роҳбарияти ҶСК «Тоҷик Эйр» қарзи асосиро аз ин шартнома дар ҳаҷми зиёда аз 5 млн сомонӣ пардохт кардааст, вале аз ин шартнома боз фоизи қарзи ҳисобшуда баробар ба 29 356 807 сомонӣ зиёд шудааст. Аз маблағҳои ҳисобшудаи фоизӣ роҳбарияти Ҷамъият 13 712 497 сомонӣ пардохт кардааст. Ба ҳолати 31 декабри соли 2023 ҶСК «Тоҷик Эйр» дар назди Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» 60 484 310 сомонӣ қарздор аст. Ҳамин тавр, аз кирдорҳои Халиков Р.И. (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) ва аз оқибатҳои бемасъулиятии ӯ, ба ҶСК «Тоҷик Эйр» дар умум зарари молиявӣ ба миқдори махсусан калон расонда шудааст».

Ин ба он маъно аст ки қарзи гирифтаи Ҳасанро ҳам бояд акнун Рустам Холиқов пардохт намояд. Як ҳолати бисёр ҳам тааҷҷубовар ин аст ки агар Рустам Холиқов ин ҳама маблағро ба тороҷ дод, чаро дигарбора ба ин мақом-раиси «Тоҷикайр» таъин шуд ва гузашта аз ин ин дузди ҷайби давлат чи тур боз дар ҳузури Раҳмонов агробизнес боз мекунад? Рустам Холиқовро бори аввал субҳи 4-уми августи соли 2019, пеш аз парвоз ба Туркия дар фурудгоҳи Душанбе дастгир намуданд. Ӯро аз фурудгоҳ ба боздоштгоҳи КДАМ бурданд ва эълон карданд, ки бино бар парвандаи ҷиноии дуздии сармояҳои “Тоҷик Эйр” маҳалли зисташро тарк карда наметавонад. Аммо он вақт Холиқов барои тармими меҳмонхонаи давлатӣ дар Маскав 100 ҳазор доллар ба Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ришва дода бо ҳамин ба озодӣ баргашт. Дар як номаи дастҷамъонаи кормандони “Тоҷик Эйр” унвонии сомонаи Ахбор.ком аз моҳи майи соли 2019 талаб карда мешавад, ки Рустам Холиқов бояд миллионҳо доллари ширкатро баргардонад. Ин расона ҳамчунин аз тасдиқ шудани ӯ ба ҳайси раиси ширкати “Сомон Эйр” хабар дод, вале, зоҳиран, Холиқов дар ин вазифа ба кор сар накард.

18-уми сентябри соли 2020 президент Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳисор корхонаи Рустам Холиқов “Ситабр-Агро”-ро ифтитоҳ кард. Дар гузориши телевизионӣ гуфта шуд, ки Холиқов “ин корхонаро бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат” сохтааст. Ин ширкат замоне ташкил шудааст, ки Рустам Холиқов аз соли 2008 раиси фурудгоҳи Душанбе буд. Соли 2015, замоне ки Холиқов раҳбари “Тоҷик Эйр” буд, дар сомонаи президенти Тоҷикистон аз ӯ ҳамчун мудири ширкати хусусӣ ном бурда шудааст. Дар сафарҳои президент бо вуҷуди он ки Холиқов ду вазифаи давлатӣ дошт, ҳамчун роҳбари ширкати хусусӣ президентро ҳамроҳӣ кардааст.

Ҳоло бар муқобили Рустам Холиқов аз Маскав адвокат овардаанд. Ин нафар, ки шаҳрванди Русия аст чи тавр тавонистааст, ки ба унвони адвокат дар мурофиа ширкат варзад? Дар ҳоле, ки дар чандин мурофиаҳо иҷоза барои ҳимоят ва дифоъ барои адвоатҳои берунӣ дода намешуд.

Ва ҷолиб инҷо аст ки аксарияти расонаҳо айбномаи Рустам Холиқовро бо имзои ин адвокат чоп карданд. Аз ҷумла Фараж, Азия плюс ва СССР. Ин ҳама шубаҳовар нест? Ҳоло мепурсед, ки ин адвокат кист?  Ин адвокат Абдуллоев Зебдулло Фатҳуллоевич (Адвокат Абдуллоев Зебдулло Фатхулоевич, регион г. Москва, Московская область, с регистрационным номером 77/5925, работает по адресу: 107140, г. Москва, г. Москва, В. Красносельская, д.10, кор.7а,. Ознакомиться с подробной информацией об адвокате можно на данной странице.)

Ва дар охир аз як мавриди дигари ҳамкории Ҳасан Асадуллозода ва Рустам Холиқов, дурусттараш як амали муштараки ҷиноии ин ду нафар ёдоварӣ мекунем. Ин «маврид» бори дигар исбот мекунад, киҲасан ва Рустам муштаракан амал мекарданд, вале ҳоло акнун бояд Рустам Холиқов ба ин ҳама ҷурму ҷиноёт ҷавоб бидиҳад:

«Соли 2009 шаҳрванди Эрон Фарзин Қарориён1самолёт пулро аз Германия бо Тоҷикистон равон мекунад. Барои «хранение» дар амбори гумруки фурудгоҳ   ва баъд, ҳар гоҳ, ки вақт ёфт, омада мегирифт. Ин қадар сумро Р.Холиқов мебинад. Ба ҳеҷ кас нагуфта аввал камкам худаш гирифта истифода мекунад. Он вақт Р.Холиқов мудири кулл-директори генералии «Тоҷикайр» буд. Вақте, ки пулҳоро аз ҷойи амборшуда мегиранд 150 миллион кам мебарояд. Ҳасан бо Холиқов гапро якто мекунанд ва пулҳои мондаро ҳам мегиранду бурда дар Ориёнбонк ҷобаҷо мекунанд. Шаҳрванди Эрон Фарзин Қарориён чандин сол аст ки  пулашро гирифта наметонанд. Асноди ин миқдори бузурги долларро Рустам Холиқов шахсан худаш қабул карда аст».  Дар мавриди ин пулҳо ва куҷошуданашон ҳатман дар як нашри ҷудогонае он тақдим менамоем.

Ps: Ҳангоми фарҷоми ин таҳқиқот ба “Ислоҳ” ин маълумот расид,ки онро бояд зикр намоем.

Рахимов Хайруло ҳангоме,ки Раис шуд  “Тоҷик Эйр” ро 33.000.000 миллион сомонӣ карздор кард , агар пурсед чигуна? Чун имзои худашро мисли  печать карда дар дасти директори иқтисодӣ Шарипов Акбар дода  буд . Шарипов Акбар бошад чапу рост  ҳар куҷо барои фоида ба даст овардан “Тоҷик Эйр” ро тору мор мекард.  Шарипов Акбар дар даврахои Мамадалиев собик рохбари “Тоҷик Эйр” главни бухгалтер буд дар даври Ҳамроев ҳам хамин вазифаро дошт.

Хайрулло Раҳимов ба  Шарипов Акбар гуфта буд,ки прокуратура ва ҳар ниҳоди тафтишотие пурсад смело  ҳамаи гуноҳро дар сари ман задан гир. Инҳо  маро маҳкам намекунанд ва медонанд,ки аз пушти ман Ҳасан Асадуллоев истодааст.

Инчунин Суҳроб Акобиров ки намояндаи “Тоҷик Эйр” дар Москва буд ӯ одами Тахминаву Зарифбек буд.  Билетҳо ҳам аз он Тоҷикистон ва  ҳам аз Русия дар дасти ҳамин мафия буд.

Инро низ бояд биафзоем,ки Шарипов Акбарро дар вақти роҳбарии Раҳимов Хайрулло ба ин вазифаш Алимурод Маҳмадалиев тавсия доду ин бе саводи  Хайруло Раҳимов ҳам  ӯро директори иқтисодӣ монд. Акбар Шарипов бошад ба Алимурод Маҳмадалиев маблағи муайяне доля медод . Акбар Шарипов ҳангомеки  аз долия додан монд. Алимурод Маҳмадалиев омада ҳамаи махинатсияҳои Акбар Шариповро нақл мекунад.  Пас аз ду соли кориаш Раҳимов Хайрулло хашмгин шуда Акбар Шариповро назди худаш даъват мекунаду дар ҳузури Алимурод Маҳмадалиев собиқ устоди Акбар Шарипов зану модаршро дашном мекунад ва мегуяд ки ту падарлаънат “Тоҷик Эйр” ро муфлис карди дар ҳоле,ки ман ба ту боваркарда имзоямро печат карда ду сол дар дасти ту додам. Аммо ин ҳама ғорат ва хиёнат ба “Тоҷик Эйр” боқи монд ва ин ширкатро варшикаста ва муфлис карданд ин афроди бодоварда. Интихоби кадрҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар дар бадтарин ҳолат қарор дорад. Ширкати ватании “Тоҷик Эйр”дар ҳолати нобудӣ қарор дорад.

Дар охир инро кутоҳ мегӯем: «ҳар касе бо ин оила кор кард ҳатман ё фирор кард, ё зиндонӣ шуд ва ё кушта шуд.  Хулоса ҳамкорӣ бо ин оила ҳеҷ гоҳ осудагиро бароятон тазмин нахоҳад кард. Ҳатто шумо домод ҳам бошед ҳатман агар тибқи фармудаи ин оила амал накардед ҳатман капаатон дуди сиёҳ мекунад. Пас қабл аз ҳамкорӣ намудан ва домоду қаробат пайдо кардан бо ин оила садбор не сад ҳазор бор андеша кунед»!

Сообщение Кӣ «Тоҷик Эйр»-ро қарздор карду кӣ бояд зиндонӣ шавад? появились сначала на ISLOH.net.

Раддия ба зиёиён «Аз Шералӣ Кабиров «Мао Цзэдун» насозед!»
(раддияи дуввум)

Зиёиёни муҳтарами тоҷик!

Мақолаи шумоёнро бо диққат хонда ба хулосае омадам, ки шумоён, як гурӯҳ аҳли илму дониш ва намояндагони фарҳанги тоҷик мехоҳед боз як пешвои дигар бо номи «пешвои иқтисодӣ»  мисли Мао Цзэдун ё “Mao Tse-Tung;”, ки ҳокими низомии Чин Ҷёнк Кой Шикро бо роҳи инқилоб шикаст дода буд ва худаш ҳоким гашт. Бингаред ба китоби “ПУТИ ПОДНЕБЕСНОЙ” ,то бештар огоҳ гардед. Шумо мехоҳед ба сари ин халқи сарсахту ғулом пешниҳод ё ин ки чунин ақидаро таҳмил намоед?.Ба худо айб аст, ки кур- курона, надидаву насанҷида як нафарро ин қадар баҳогузорӣ намоем.

Албатта, аввал нафар бояд сари ягон мансабу вазифа як муддати муайян кор кунад, баъдан таърих ва халқ баҳои худро нисбати ӯ мегузорад. Президентҳоро пас аз анҷоми муҳлати якуми худ баъд аз 4 ё 5 соли сари давлат буданашон халқ баҳо дода даъвати дуюми муҳлатро бовар мекунад ё ин ки бовар намекунанд. Ман дар назар дорам давлатҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҳар як овози мардум қадру қиммат доштаро, на он давлатҳои ба мисли мо диктатуриву ғайридемократиро. Дар Тоҷикистон ҳоло вақте расидааст,ки баъд аз 30 соли ҳукмронии Раҳмонов, нисбати фаъолияти ӯ ва ҳукумати сохтаи ӯ, ҳар як нафари синнаш аз 18 боло баҳодиҳӣ карда метавонад. Охири соли 1992 зиёде аз мову шумо бо як орзу, бо як боварӣ, бо як хурсандӣ ба қасамҳову ба суханҳои додааш ба халқ , мардуми соддафаҳми мо ба  Раҳмонов бовар карда ӯро ҳар кас бо роҳи худ дастгирӣ намудем. Ҳамаи он қасамҳояш, ки бо шири модару бо Қуръони карим хурда буд, ки ман ғайр аз як акаи тракторист касе надораму даъвои вазифаталошӣ хам надорам, фақат ваъдаи сулҳ оварданро мекард, агар каме назар ба таърих афканем диламон на фақат аз Раҳмонов, балки аз ҳамаи сиёсатмадорону тарафдоронаш сард мешавад. Ҳазорҳо нафар мардуми Тоҷикистон бо ҳар баҳона кушта шуд ва то ҳозир давом дорад. Ҳазорҳо- ҳазор нафар то ҳозир дар зиндонҳо бо парвандаҳои бофтаву сохта, беҳуқуқӣ дар ватани худ, миллионҳо нафар одамон дар муҳоҷирати меҳнатии маҷбурӣ, ҳазорҳо нафар бе ному нишон дар ҷангалҳои Русия куштаву гум шуда, ягон заводу фабрикаҳои аз даврони шуравӣ монда кор намекунад, нархҳои махсулоти хурокворӣ ва сузишворӣ рӯз аз рӯз ба боло рафта истода, коррупсия то охирон мактабу боғчаҳои бачагонаи деҳоти дурдаст фаро гирифтааст, дар ягон соҳа бепуштибону бепул гапатро ҳеҷ кас гуш намекарда, тамоми бизнесҳову ҷойҳои

сердаромади мамлакатро як авлод, як оила забт карда гирифта ва ғайраву ғайраҳо, магар мо бо шумоён ҳамин тавр давлат сохтанӣ будем? Магар мову шумо барои ҳамин ба Раҳмонов овоз дода будем? Баъд аз 5-6 соли роҳбариаш Рахмонов, баъд аз нафарони асосие, ки ӯро ба қудрат оварданд бо ҳар роҳу ҳила аз байн бурда, оҳиста-оҳиста ба вазифаҳои калидии ҳукумат хешу табор ва ҳамдеҳагони худро аз Данғараву, Колхозобод аз Бохтару Фархор, ба гуфтаи худашон мардуми Балҷувонро кашида ба Душанбе ҷамь намуд. Қариб ки 50-60% онҳо бидуни дипломи мактаби олӣ ё ки тамоман аз ихтисоси худ дур буданд, фарқе набуд барои Раҳмонов. Асосаш ба ӯ содиқ бошанд. Ба зиёиён гуфтаниам, ки дар  Тоҷикистони Раҳмонов сохта  барои соҳиби мансаб шудан 5-10% дониш доштан кифоя аст. Онҷо аз рангу рӯйи одами боақлу бохирад, донишманду сухандон безоранд ва 80-90% наздикӣ ба Оила ё ин ки ба хешу табори онҳо муносибат доштан аст. Дар Тоҷикистон ба ҳамаи кор, сиёсатмадор, ҳуқуқшинос, академики тамоми илмҳо, табиби тамоми дардҳо, гинекологи хуб, мулло, шоир, артист, шеъру сурудфаҳм, раққос, инжинер, ошпазу нонпаз ва ғайра фақат як одами «худодод» аст бо номи Раҳмонов Эмомалӣ. Дигар Тоҷикистон ниёз ба касе надорад. Дар ана ҳамин солҳои бедодгарӣ дар гирди ин оила бисёр нафарони «случайный» пайдо шуданд, ки яке аз онҳо Кабиров Шералӣ мебошад. Бек Сабуров ҳам вазир аст, бояд фаромӯш накунем, агар қудо бо пешво набошад, ӯро ба «пивнушка» роҳ намедиҳанд. Ӯ ҳам “доктор наук” асту дар Москва рисолаи худро гуё ҳимоя кардааст.

Мисолҳо як чанд китобанд, лекин аз мавзуи асосӣ дур намешавем. Нисбати Кабиров Шералӣ, ки мо ӯро бо ҳамин ном мешиносем, ба маълумоти муҳтарам зиёиён расониданиам, ки ӯ дипломи институти кооперативиро ғоибона, баъд аз таъин гардидан ба вазифаи роҳбари «Талко» гирифтааст. Имрӯз ҳама дар дасти худашон аст. Ӯ метавонад дипломе нишон диҳад, ки соли 1980 МГУ-и Москваро тамом кардааст, ҳол он ки соли 1972 ба дунё омадааст, ё ин ки мисли ҳимояи мавзуъи докториаш, ки ин мавзуъро олимони рус таи даҳсолаҳо сараш кор мекарданд, лекин олими бузурги тоҷик дар як моҳ навишта ҳимоя кардааст, шумо як маротиба пурсед, на танҳо маънии мавзуи гуё ҳимоя кардаашро, балки бовар дорам, номи мавзуьро дуруст ва бо пуррагӣ гуфта наметавонад.

«Эмомалӣ Раҳмонов «пешво»и миллат худаш ҳам гуё донишгоҳи миллиро ғоибона хонда диплом гирифтааст, ки ҳамин ҳам зери савол мебошад.»

Шералӣ дар гирди Ҳасан Асадуллозода пайдо шуд ва баъд мардум фаҳмид, ки ҳамин тавр ҷавон ҳам вуҷуд дорад.То он вақт ҳеҷ кас номи ӯро нашунида буд. Шералӣ агар дар зиндагӣ соҳиби як куртаи нав шуда бошад, ё чи муваффақият ва шуҳрат пайдо карда бошад, ҳама аз ҳисоби Ҳасан Асадуллозода аст. Ҳама мардуми хурду калони Тоҷикистон медонад, ки Шералӣ кӣ аст. Ҳасан Асадуллозода дар тамоми гуфтугузорҳои тиҷоратӣ бо хориҷиён, вохуриҳо бо раисону вазирон, қариб, ки дар тамоми сафарҳои пешво ва дигар корҳои шахсии худ ҳамчун ёрдамчӣ Шералиро мебурд ва бовар мекард. Мардум ин ҳолатро дида зиёде корҳои худро ба воситаи Шералӣ ба Ҳасану дигар раисон ҳал менамуданд. Ҳамин тавр Ҳасан, ки худ як одами тамоман бесавод ва маишатпараст мебошад ба Шералӣ пурра бовар намуда, каме барвақт худро Ҷаноби Оли-2 тасаввур кард. Дар охир албатта шаттаи сахт ҳам хурд, сахт пушаймон ҳам ҳаст. Аммо як вақти муайян фоида надорад ва ҳеҷ кор ҳам карда наметавонад. Ҳасан Шералиро ворид ба Оила сохт ва бо Раҳмонов аз наздик шинос намуд. Ҳасан мисли худ як одами кучагӣ ва бемаълумотро бо диплому унвонҳои фальшивый то вазири саноати Тоҷикистон оварда расонид. Ин болоравиҳо дар карера ва олими бузург шудан ин фақат ва фақат хизмати Ҳасан Асадуллозода аст, ки ӯ имрӯз худро ҳамчун «асосгузори иқтисодиети Тоҷикистон» номидааст. Ҳатман ин мақоларо худи Кабиров Шералӣ ба 3-4 нафар ба ном «зиёиён» пул дода навиштааст ва онро мақсаднок ба “Ислоҳ” ирсол намудаанд. Дар давоми чопи як чанд мақаола аз рӯзи таваллуди Шералӣ Кабиров то имрӯза ҳаёт ва фаъолияти ӯро, мисли оина ба шумоён пешкаш менамоем. Зарар ва фоидаи ӯро ба чамъият, чи тавр донишмандӣ ва ободкории ӯро, ҷиноятҳои махсусан калони ӯро, ки 80% аъзои оилаи Раҳмонов ин қадар ҷиноятҳои иқтисодӣ содир накардаанд, нақл менамоем.

«Ҳасан Асадуллозода умуман мехост ӯро сарвазир ё ақаллан муовини аввали сарвазир монад, лекин Раҳмонов президенти солхои 1995-1996 нест. Сарвазир хатман бояд «кукла» ё “Арусак” аз вилояти Суғд бошад, боз дар оила машварат карда ба хулосае омаданд, ки Давлаталӣ Саидов хешутабори наздиктар аст, бояд ӯро таъин намуд.Боз ӯ бояд аз Суғд бошад.»

Хиёни бузрги Шералӣ Кабиров ба Ҳасан Асадуллозода

Ҳасан Асадуллозода , бо як зораву нола, бо дастгирии апааш Азизамоҳ Шералиро вазири саноат монд  ва аз байн дере нагузашта Шералӣ тамоми сирру асрори Ҳасан Асадуллозодаро  ба пешвову Рустам нақл намуда аз онҳо хост, ки ӯро аз «мустамликаи Ҳасан» халос намоянд. Тамоми муомилоти пинҳоние,ки Ҳасан Асадуллозода аз оила пинҳон тавассути Шералӣ Кабиров анҷом дода буд ҳамаро як ба як барои наздик шудан ба «пешво» барояш гуфт,то садоқаташро ошкор созад. Баъдан гуё бо супориши пешво ва аъзоёни Оила бо пуррагӣ аз Ҳасан Асадуллозода руй гардонид, дигар ба телефонҳояш ҷавоб намедихад, дар ягон маърака агар рӯ ба руй шавад ғайрат мекунад салом накунад ё ин ки сари як миз бо ӯ нанишинад. Ҳатто гапҳо баромад дар кругҳои дохил оилавии «пешво», ки гӯйё Ҳасан як инсони хело касиф ва мубталои бемориҳои хатарнок ҳам ҳаст. Ҳатто муоиноти тиббиро ҳам ба хонавода тақдим намуда аст. Аз ин ҷо буд, ки модари Муҳиддин апаи Зоир Соҳибов Ҳасанро фоҳиша гуфта ва иқрор намуда аст, ки Ҳасан ӯро ба беморӣ гирифтор намудааст. Ин сару садоҳо дар кругҳо давр мезанад, ки асосашро Шералӣ Кабиров медонанд, ки бо санад докозат карда будааст. (тафсилоти ин ҳодисаро дар раддияи дигар интизор бошед)

Албатта Раҳмонов бисёр актёри калон аст!!  Миссияи Ҳасан Асадуллозода ҳам ба фикрам аллакай ба охир расид. Барои он ки нафақат фарзандони Раҳмонов калону гуё боақл шуданд, балки набераҳо низ аз Бобо алакай вазифа талаб доранд. Барои норозӣ нанамудани Азизмо тавассути Шералӣ Кабиров ин ходҳоро омода намуда бошад. Вой бар ҳоли мардуми тоҷик!!!

«Зиёиён навиштаанд, ки гуё соҳибмулки пештараи “Ориёнбонк”  ба душвориҳо дучор шуда бонкро ба фурӯш мондааст. «Ориенбонк» ин собиқ «Промстройбанк»- и СССР ва баъдан  Тоҷикистон буда, даҳсолаҳо роҳбарии ин банкро марҳум Абдусатторов Абдумуталиб ном одам роҳбарӣ менамуд, ва дар охирҳои соли 1998-1999 Ғаффор Идиев ном соҳибкор, бо ёрӣ ва дастгири командир Суҳроб Қосимов, роҳбари бонк Абдусатторовро аз  кабинети кориаш бо яроқу аслиҳа зада, зери фишор аризаашро гирифтанду Ғаффор Идиевро сардори бонк таъин намуданд. Абдусатторов зуд аз Душанбе кучи худро баста ба вилояти Суғд рафт. Ҳамин тавр тахминан ду сол роҳбарии Ориёнбонкро Ғаффор Идиев дар душ дошт, ки аз тарафи Ҳасан Асадуллозод, ки нав аз Колхозобод ба ҳайси раиси биржа омада буд, фишори забт карда гирифтан шуруъ шуд, ҳатман бо супориш ва дастури худи пешво.»

Ғаффор Идиев ҳам ба хубӣ намехост бонке, ки мисли як филми Голливуд забт карда гирифта буд ба осонӣ аз даст бидиҳад. Лекин дар пушти Ҳасан Асадуллозода  тамоми аппарати давлат истода буд. Дере нагузашта Идиев Ғаффорро мисли модаҳои ҳозира, «финансирование боевиков Раҳмон «Гитлер»» гуфта прокурори ҳарбии онвақта Шариф Қурбон, як фасодзадаи дигар ӯро ба ҳабс гирифт ва ба муддати 6 сол аз озодӣ маҳрум сохтанд. Дар ин вақт Шералӣ Кабиров фақат ронандаи шахсии Ҳасан Асадуллозода буду тамом.

Ҳасан Асадуллозода дар як мошини жигули 2107, рақами давлатиаш 00-77 ХТА. Дигар ягон рол бозӣ намекард. Баръакс барои ғасб намудани Ориёнбонк «ёрӣ ва меҳнат»-и Идиев Ҳусейн зиёд расидааст, ки ӯ ҳамаи хабарҳоро аз назди писар амакаш Ғаффор Идиев меоварду бо пуррагӣ дар хизмати Ҳасан  Асадуллоев буд.  Ҳусайн Идиев подоши хидматҳои кардааш ба Ҳасан Асадуллозодаро то ҷое пас  гирифт. Мо бояд душманро дар дур накобем, душман доимо ҳамроҳамон аст. Гоҳо худамон бо баъзе амалкардҳоямон душманӣ бар худ мекунем, ҳоло куҷо расад ба душмании нафарони заздикамон.

«Ин қисса хеле дароз аст ва мумкин аст онҳое дар мавриди Идиев Ҳусейн ба “Ислоҳ” менависанд дақиқан ин масаларо каме муфассалтар нависанд, то ин ҳолат ҳам ошкор гардад. Аммо агар онҳо нанавиштанд, мо омодаем ончи ба ин масала марбут аст ба “Ислоҳ” нависем.»

Саҳмиядори асосӣ Идиев Ғаффор буд. Бо як фиребу бо як фишор ба сари Ғаффор Идиев рафта, дар дохили зиндон ба ивази озодиаш аз зиндон ва маҳкам кардани парвандаи сохтаи Шариф Қурбон, саҳмияҳои бонкро имзо кунонида ба фоидаи Ҳасан Асадуллозода гирифтанд. Баъд аз он Ҳасан Асадуллоев ғасби яке аз бонкҳои калони Тоҷикистонро ба охир расонида раиси саҳмиядорони Ориёнбонк шуд. Ориёнбонк аввалин ғасби моликияти дигарон бо роҳҳои фишор, парвандаи сохта буд. Баъд аз ин садҳо корхонаву иншоот ва бизнесҳо аз тарафи Ҳасан Асадуллозода ғасб карда шуда, садҳо одамонро бе гуноҳ зиндон ё ин ки аз мамлакат берун карданд. Яъне пас аз захвати “Ориёнбонк” диданд мешудааст ва ҳеҷ кас чизе ҳам намегуфтааст. Чуноне оғози ба ҳукм расидани Эмомалӣ Раҳмонов ин сессияи 16 ум дар Хуҷанд аст. Оғози ғасбҳои рейдерӣ дар Тоҷикистон тавассути оилаи Раҳмонов ин “Ориёнбонк” аст.

Шералӣ Кабиров аз махинация муҳрабизнез 32 миллион доллар ба Ҳасан дод

Мо як ҳолати воқеиро бароятон мегӯем, ки онро аксари мардуми кишвар хуб медонанд. Агар ёдатон бошад «муҳрабизнес» баромада буд. «Ҷамол Компания» ва Ҷамшед Сиёев як ҷавони Дарвозӣ роҳбари ин ширкати махинация буд. Шералӣ Кабиров сармуҳосиби ин ширкат ва дасти рости Ҷамшед Сиёев буд. Ҳама он пулҳое аз мардум ин ширкат ҷамоварӣ карда буд як моҳ пеш аз бастани ширкати «Ҷамол Компания» Шералӣ Кабиров худро бо Ҳасан наздик мекунад ва роҳи ҳама пулҳои ҷамъовардаи ин ширкатро  ба Ҳасан Асадуллоев  мефаҳмонад. Ҳама роҳро дуруст мекунанд ва Шералӣ Кабиров аз он ширкат берун мешавад ва пас аз пурра ба даст гирифтани маблағҳо аз ин ширкат. Шералӣ Кабиров барои чандин миллион доллар овардан ба Ҳасан Асадуллозода ба командаи ӯ мегузарад.

«56 ҳазор нафаре, ки баробар ба 117 миллион сомонӣ (ба ҳисоби онвақта қариб 40 миллион доллар) буд, ба кисаи Ҳасан Асадуллозода 32 млнашро ба «Ориёнбонк» гузаронид.»

Хуб бо мардуми пул дода чӣ шуд, Ҷамшед Сиёев чӣ шуд дигараш ба ҳама маълум аст ва ҳоҷат ба шарҳу тафсилоти бештар нест. Аммо ҳамин қадар мегӯем Ҷамшед Сиёеро соли 2003 ба 11 сол ҳукм ба зиндон карданд ва боз бо дахолати Шералӣ Кабиров ва Ҳасан Асадуллозода ба Ҷамшед Сиёев 19 соли дигар ҳукм содир намуданд. Яъне 30 сол ҳукм ба зиндони низомаш пурзур ба он хотир,ки  дигар набарояд ва зиндагонии моро талх накунад. Ахиран дар 27 уми октябри соли 2015 дар зиндони  “Кирпичний” дар шаҳри Ваҳдат «безарар» гардонида шуд, яъне куштанд ӯро. (Дар дасти «Ислоҳ» аз прокуратураи генералӣ тафсилоти ин қазия бо санадҳои муҳри махфӣ вуҷуд доранд,ки исми Шералӣ Кабиров дар чанд дело вуҷуд дорад.Агарчи ин ширкат ҳамагӣ  панҷ моҳ фаъолият намудааст яз моҳи март то августи соли 2003 тафсилоти бештари ин қазияро дар раддияи дигар интизор бошед)

Олимони муҳтарам ин аст ҳақиқати аслии чи тавр соҳиби бонк гаштани Ҳасан Асадуллозода, чуноне, ки фаҳмидед, ягон заррае ҳиссаи Шералӣ дар инҷо нест. Ин ҳама корҳо бо сардорӣ ва роҳбарии бевосита ва роҳнамудоти сӯдманди пешво  барои оила сурат мегирад. Ҳасан нав аз қишлоқ ба шаҳр омада буд. Ӯ қудрат надошт бо як милитсионери одӣ гап занад, на он ки ба Суҳроб Қосимов рӯ ба рӯ шавад.

«Оиди корхонаҳои номбар карда шуда «Ориёнбонк», «Сомон-Эйр», «Талко», «Талко Голд», «Талко кабел», «Талко Ресурс», «Талко Кемикал», «Талко Флюорит», «Сомон Суғд», «Сомон-Сохтумон», «Сомон-Суғурта», «Сомон –Лизинг”, мо як ба як ба шумоён маълумот пешкаш менамоем  ва исбот менамоем бо рақамҳо, ки кадом корхонае, ки Шералӣ Кабиров бевосита ба сохтумонаш ҳисса дошта бошад, ҳатман қимати аслии ин корхона аз 5 то 10 маротиба баланд нишон дода шудааст.»

Оиди доно ва забондонии Шералӣ Кабиров фақат кутоҳакак ҳамин қадар мегуем, ки ғайр аз забони тоҷикӣ дигар ҳамаи забонҳоро Шералӣ «озодона» бо «Google translate» гап мезанад. Мо Шералиро аз ҳамшаҳриҳояш беҳтару хубтар мешиносему бо ӯ муомилаҳо ҳам дорем, то ба имрӯз.

Ҳамин забонро ҳам вақти маслиҳати «откат» мешавад бе шоҳид, бе тарҷумон, танҳо ба танҳо бо шарикони бизнесии хориҷӣ гап мезанад. Ба ҳамаи гуфтаҳо шоҳид дорем. Агар шумо хохед, ки забондонии Шералиро исбот намоед, марҳамат бо яке аз ин забонҳо, ҳамчун вазир як мусоҳибаи озод ташкил намоянд, мо албатта хурсанд мешавем.

Аз рӯйи мактуби навиштаи зиёиён маълум мешавад, ки зиёда аз 20 сол дар Тоҷикистон ғайр аз Шералӣ дигар ягон нафар аз сарвазиру муовинонаш, вазирону раисони кумитаҳо, раисони вилояту шаҳрҳо ҳама бекор, фақат хурда хоб, бо ду чашм интизор, ки кай Шералӣ Кабиров омада, шаҳру вилоят, ё ин ки корхонаҳои моро обод карда медиҳанд, ё ин ки кай як корхонаи нав сохта медиҳанд?! Биёед пеш аз ҳарф задан аз ободкориву созандагии Шералӣ Кабиров як чизро муайян созем. Кабиров Шералӣ вазифаашон аз чи иборат аст ва маблағҳои масраф мекардаашон аз они кист? Шералӣ як мудири (менеджер) корхона, ки аз ҳисоби маош ва ё ягон бонусҳои иловагӣ зиндагӣ мекунанд. Ин кас соҳибмулки Талко набошанд, ё ин ки ақалан вазири молия набошанд, ки ба ягон лоиҳа маблағ чудо кунанд. Ҳар як коре, ки Шералӣ ба сохтумон ё ободкориаш даст задааст, бюджети давлат ё пулҳои Талко масрафаш даҳҳо маротиба баланд шудааст. Ба ҳар яке аз ин сохтумонҳо маълумоти аниқ ҷамь намудаем, албатта, як ба як бо далел онҳоро пешкаш менамоем. Худоро шукр мекунем, ки мисли Шералӣ «олими иқтисодӣ» дар ин ҳукумат фақат якто, агар ду ё се нафар мебуданд бюджети Тоҷикистон масрафи онҳоро намебардошт.

«Дар вазорати саноат ташкил намудани «центр интелектуалный собственность» тамоман ба Шералӣ дахл надорад. Мо боварӣ дорем, ки Шералӣ тамоман ин мавзуъро намефаҳмад. Ин мавзуъи як ҷавоне, ки беҳтарин мактабҳои олии Амрикоро хатм  карда омада ин программаҳоро дар Тоҷикистон ташкил намуда истодааст.»

Шералӣ Кабиров  гуё доктори илм ва олими ҷавон ҳасту яке аз мавзуъи хеле муҳимеро гуё бо сари баланд навишта ҳимоя кардааст. Дар Шӯрои диссертатсионӣ дар мавзӯи “Ташаккул ва рушди муҳити соҳибкории корпоративии корхонаи воҳид: назария ва методологияи идоракунии зиддибӯҳронӣ (дар мисоли КВД «Талко»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон) рисолаи докториро дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 19 марти соли 2012 дифоь кардааст.”  Боварии комил дорам, ки Шералӣ Кабиров  номи мавзуъи худро гуфта наметавонад  ва тамоман як варақ худаш нанавишта аст.

Нисбати рисолаи доктории Шералӣ Кабиров, Давлаталӣ Саидов ва Асадулло Раҳмонов дар маҷаллаи «дисернет» ва «Компромат.ру» хеле хуб гуфта шудааст, ки аз куҷо ин рисолаҳоро руйбардор ё дуздӣ ё ин ки «плагиати асарҳои илмӣ» карда шудааст. То ҳатто Раҳмонов дар як вохурӣ бо «олимони ҷавони нав ҳимоят карда» баъди ҷангҷолҳои ин ҷамоат чунон гуфт. Ин ҷамоат 32 донишманди тоҷикро ба асардуздӣ маҳкум кард.  Ахиран Эмомалӣ Раҳмон зимни муроҷиат ба “олимон”-и муттаҳам ба асардуздӣ гуфт: “Агар мустақилона рисолаҳои худро нанависед, чӣ гуна академик, профессор ва номзади илм шудед? Шумо нанги ин миллату давлат ҳастед!». Ана хамин тавр доктори илм шудааст Шералӣ Кабиров. Нисбати фаъолияти заводи калонтарини алюминии тоҷик таҳлилҳои чуқур ва далелҳои раднашавандае дорем, ки ӯ саҳифаи зиёдеро мегирад. Кутоҳӣ гап ҳамин, ки беҳтарин, бузургтарин корхонае, ки зиёда аз 20.000коргар дошту бо пуррагӣ шаҳри Турсунзодаро бо тамоми мактабҳову боғчаҳои бачагона ва спортзалҳову хонаҳои маърифатиро дар баланси худ нигоҳ дошта, масрафҳояшро медод ва зиёда аз 500.000 ҳазор тонна истеҳсоли алюминий дошт, маҳз Шералишо Кабиров пурра онро ба нестӣ расонид.

Суғдро Ҳасан Асадуллозода тавассути «Сомон Суғд»у Шералӣ Кабир захват кард

Дар мактуб гуфта мешавад, ки гуё Шералӣ Кабиров дар вилояти Суғд як ширкати бо номи «Сомон-Суғд» ташкил намуда, корхонаҳои пурра аз кор мондаро ба баланси Сомон-Суғд гирифта ба кор дароварда бошад. Нисбати ҳар як корхонаи бо роҳҳои шантаж,фишор ва қаллобӣ ба даст даровардаи Ҳасан Асадуллозода ва Шералӣ Кабиров маълумоти мухтасар пешниҳод менамоем. Фақат ҳаминро фаромӯш набояд кард, ки мардуми вилояти Суғд беҳтарин олимон, мутахассисон,инжинерҳову роҳбарон доранду ба дастгириву роҳнишондиҳии Шералӣ Кабиров барин мутахассисони фальшивый ниёз надоранд. Он корхонаҳое, ки дар вилояти Суғд гасб намуд, ҳама 100% фаъолият дошт, ҳазорҳо нафар кор мекарданд, миллионхо сомонӣ андоз месупориданд, то ба дасти «Сомон- Суғд» гузаштан, баъд аз он 70% корхонаҳоро, баъд аз тамом шудани ашёи хом ва натавонистани фурӯши маҳсулоти тайёр ба оҳанпора бурда фурӯхтанд, заминхояшро ба мардум ҳамчун ҳавлиҷой тақсим карда фурӯхтанд ва то ҳозир фурӯхта истодаанд. Боварӣ дорем аз ҳамаи ин ҳолатҳо пешво хабар дорад, сиёсаташ ҳамин аст, ки мардум бояд пулдор нашаванд. Масалан беҳтарин соҳибкорони вилоят, ки бе ёрии маблағҳои бонку бе ёрии давлат, бо кушишу дониши худ, бо ёрии дустону рафиқони худ даҳҳо корхонаҳоро обод карда буданд ба мисли ширкати » Нур» терминали аэропорт- Нурулло Усмонов, бозори «Панҷшанбе»- Абдураҳим Исмоилов, соҳибмулки як қатор заводҳои Исфара, ки зиёда аз 3000 нафар коргар дошт Низомхон Ҷураев, ки ҳар се ҳам вакилони якчанд маротибаи маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ буданд. Бо шантаж, фишор, бо парвандаҳои сохта ҳамаро ғасб карда гирифтанд. Аммо ҳоло 90% аз ин корхонаҳо дар ҳолати нестшавӣ қарор доранду ҳеҷ фоидае на худ диданд ва на мардум.

«Ҳамаи ин корҳо маҳз аз сусту беирода, тарсончаку беимон будани раисони вилояти Суғд далолат мекунад, ки лозунгашон «ҳамаро гиранду маро аз вазифа нагиранд» мебошад. Таърих баҳои ҳамаи онҳоро медиҳад. Масалан аз ҳама муддати кам раиси вилоят Ҳомидов Абдуҷалил кор карда дар зиндон мурда бошад ҳам, номи ӯро албатта мардум ба хубӣ ёд мекунанд, назар ба Қосим Қосимову Қоҳир Расулзодаву Абдураҳмон Қодириву   Раҷаббой Аҳмадзода. Ин се нафар фақат сандуқи худ ва сандуқи оилаи Раҳмоновро аз ҳисоби фурӯши вилоят пур карданд ва давом дода истодаанд.»

Шералӣ Кабиров бо ягон инвестори хориҷӣ корро то охир хуб ба роҳ намондааст, оқибати кор бо ҳамаи инвесторҳои хориҷӣ бо ҷангҷолу судбозиҳо ба охир расидааст. Дар ёд оред, ҳафтаҳо телевизионҳои тоҷик нишон медоданд, ки инвесторон аз Русияву Хитой, аз Эрону Швейтсария омада гуфтугугузорҳо мекарданду мехостанд миллиардҳо сармоягузорӣ намоянд, вале зиёде аз онҳо корро ҳам шуруъ карда буданд, ва бо сабабҳои номаьлум оҳиста — оҳиста хомӯш шуда бе ному нишон шуда мерафтанд, сабабгори ҳамаи ин гурехтанҳои инвесторҳо маҳз талаби «откат»-ҳо аз онҳост, ки як қисми қарордодҳои онҳо дар назди роҳбарони ду давлат имзо шуда буд ва онҳо намехостанд, ки аз як тараф сармоягузорӣ мекунанд аз тарафи дигар даҳҳо миллион доллар  «откат» медиҳанд. Барои ҳамаи ин инвестороне, ки нияти дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардан доштанду бо ҳар хел сабабҳо сармоягузорӣ накарданд.Мо, албатта бо қадри имкон маълумоти воқеии дақиқ пешниҳод менамоем. Маълумоте, ки мо дар даст дорем  ва рӯйи  коғаз меорем, ҳама бевосита аз мутасаддиёни ин проектҳо, кормандони «Талко», ва шахсони маълумоти мухтасар нисбати ин ҳолатҳо дошта мебошад. Дар охири ин раддияи худамон инро мегӯем,ки агар шумо нашр намоед, ҳатман муфассал ҳамаро як ба як бо далел тақдиматон менамоем, то мардум “асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон”-ро хубтар шиносанд.

Поёни раддияи дуввум ба матлаби “ Шералӣ Кабир- асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон”

Ps : “Ислоҳ” ҳамеша омодааст матолиби муҳим ва мақолаҳои илмӣ ва пажуҳишию тадқиқотиро нашр намояд. Мо кушиш мекунем навиштаҳои шуморо дар мадди аввал гузорему бе даранг онҳоро нашр намоем.

Сообщение Раддия ба зиёиён «Аз Шералӣ Кабиров «Мао Цзэдун» насозед!» появились сначала на ISLOH.net.

Ақидаи як гурӯҳ аз зиёиёни тоҷик: “Шералӣ Кабир- асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон”
Мактуби кушода аз номи як гурӯҳ зиёиёни тоҷик ба «Ислоҳ»

Пеш аз ҳама салом ба Ислоҳ. Мо боварӣ дорем, ки ин мактуби мо ба дасти шумо мерасад. Умед аз Худо дорем, ки шумо ҳатман онро чоп менамоед, агар, чуноне, ки доимо такрор менамоед, ҳақиқатҷуву ҳақиқатгӯ ва дар роҳи ҳақ ҳастед. Мо, олимон ба шумо як савол дорем. Барои чи шумо доимо танқиду гапҳои “боасос”-ро нисбати Пешвои Миллат ва намояндагони ҳукумати ҳозира чоп мекунеду мактуби мо,  ки  дар он ҳақиқати хол инъикос ёфтааст ба чоп намедиҳед? Шумо ҳатман фақат танкиду сарзанишро чоп мекунед?

Мо як гурӯҳ олимон, зиёиёни Тоҷикистон баъзе мақолаҳои шуморо хонда, нисбати ноҳақиву беадолатиҳо, нисбати баъзе шахсони муътабари ҷамъият, ки онҳоро на фақат халқ  ҳатто Пешвои Миллат эҳтиром мекунанд, туҳмату буҳтонҳоро насанҷида ба чоп мебароред. Маҷбур шудем бори аввал  ба шумо мактуби дастаҷамъона навишта, кутоҳакак  нисбати баъзе аз корҳову хизматҳои  ба ватани азизамон кардаи ин шахси ба мо ғамхору муътабар нақл намоем. Бовар кунед агар мо ҳамаи кору фаъолият ва заҳматҳои кашидаи ин ҷавонмарди асилро нисбати  ватани азизамон ва ободонии  баъзе ноҳияҳо нақл намоем, мумкин аст рӯзҳо ва ҳафтаҳо рӯйи сафҳа оварданашон  кам бошад.

Асли мақсади мо дар ин нома ба «Ислоҳ»

Биёед сари мақсад мегузарем. Дар якчанд мақолаҳои  шумо нисбати  Шералӣ Кабир (Кабиров Шералишо Олимович ) гапҳои бардуруғ ва туҳматҳо дида мешавад. Шералишо Кабиров ҳамчун ҷавонмард фахри миллат аст.  Давраҳои ҷавонӣ ва то шуруъ намудани ҳамкорӣ ба Ҳасан Асадуллозода, Шералишо Кабиров ба соҳибкорӣ машғул буд  ва хеле муваффақ ҳам буд. Бо баъзе ҷумҳуриҳои аврупоӣ бизнесҳои маҳсулотҳои консервагӣ кор мекард, аз Дубай мошинҳои   зиёд ворид мекард, дар вақти ниҳоят мушкил барои Тоҷикистон пас аз ҷангҳои шаҳрвандӣ, ба таъминоти хурока минтақаҳои сарҳадии ноҳияи Дарвозу як қисми ноҳияҳои Бадахшонро дар души худ дошт, ки амнияти ватани мо аз тарафи Афғонистонро таъмин менамуд.  Овозаи ин ҷавонмард ба тезӣ байни мардуми Тоҷикистон паҳн гашт ва Ҳасан Асадуллозода ӯро ба тими худ, ҳамчун муовини аввал бо тамоми  ваколатҳояш ба кор даъват намуд. Аз рӯйи  маълумоти мо вақте ки » Ориёнбонк»-ро саҳмиядори асосиаш идора карда натавониста ба душвориҳо бархурд ва хулосаи  фурӯшро намуд, маҳз Шералишо Олимович  Ҳасан Асадуллозода маҷбур ва розӣ намуд, ки бонкро аз саҳмиядори асосӣ бихарад, то ин ки бонкро аз муфлисшавӣ халос намуда, муштариҳояшро ба давлату давлатдорӣ ва ба сиёсати пешгирифтаи Ҷаноби Олӣ дилгарм намояд.

«Ҳасан Асадуллозода ба ӯ бовар намуда » Ориёнбонк»-ро  харид,ва ҳоло бошад бо шарофат ва кордонии Шералишо Кабиров  ин бонк яке аз калонтарин бонкҳо  дар Тоҷикистон ва фоиданоктарин бонк  шудааст. Умуман ширкатҳои ташкил намудаи Шералишо  Олимович машҳури ҷаҳон гаштаанд, ба мисли «Ориёнбонк», «Сомон-Эйр», «Талко», «Талко Голд», «Талко кабель», «Талко Ресурс», «Талко Кемикал», «Талко Флюорит»,»Сомон Суғд», «Сомон-Сохтмон»,»Сомон-Суғурта», «Сомон -Лизинг» ва даҳҳо дигар ширкатҳо, ки имрӯзҳо ҳазорҳо нафар ҷавонон соҳиби кори доимӣ ҳастанд. Шералишо Кабиров бо якчанд забонҳои хориҷӣ озодона суҳбат менамояд ва доимо дар гуфтушунидҳо бо шарикони хориҷии худ озодона бо забонҳои русӣ, англисӣ ва ҳатто чинӣ суҳбат мекунад, ки барои сохибкори миқёси ҷаҳонӣ дошта мувофиқ мебошад.»

Зиёда аз 20 сол мешавад, ки ӯ барои ободии ватан, барои тинҷиву осудагии  мардум дар тими Пешвои Миллат яке аз  нафарони наздик, содиқ  ва ватандӯст камари ҳиммат баста хизмат карда истодааст. Ҷаноби Олӣ хизматҳои олими ҷавони ободкору зиракро қадр намуда, якчанд сол  пеш аъзои ҳукумат, вазири саноат ва технологияи Тоҷикистон  таъин намуданд. То ба вазифаи вазирӣ, Шералишо Олимович дар дигар нақшаҳои муҳими стратегии Тоҷикистон фаъолият намуда худро ҳамчун беҳтарин мутахассиси замонавӣ   нишон дод, ҳоло бошад якумин шуда дар Тоҷикистон  «центр интелектуалный собственность» -ро бо олимони ҷавон дар назди вазорат  ташкил намуд, ки дар ояндаи наздик ба  пешравиҳои назаррас комёб мегардад. Як фарзанди оддӣ аз куҳистон  омада бо меҳнату дониши худ ба ин мансабҳо расидааст, ки  як гурӯҳ бадбинҳову кутоҳандешагон, бахилӣ намуда дар ҳаққи ӯ туҳматҳо ва суханҳои носазо менависанд, то ин ки обруй ва эътибори ӯро назди Пешвои Миллат ва дар назди халқ коҳиш бидиҳанд, ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ онҳо намерасанд, чи тавре дар қадим мегуфтанд, » тилло дар  таи хоку лой ҳам ҷило медиҳад». Пешвои Миллат  мисли як фарзанди худ ӯро дӯст медоранд ва ӯро боз ҳам  тарбият карда истодаанд.

«Кабиров Шералишо Олимович  яке аз докторҳои илм ва олими ҷавон ҳам ҳаст, ки мавзуъи хеле муҳимеро ба шароити имрӯзаи пешрафти ҷамъият бо сари баланд навишта ҳимоя кардааст. Дар Шӯрои диссертатсионӣ дар мавзӯи “Ташаккул ва рушди муҳити соҳибкории корпоративии корхонаи воҳид: назария ва методологияи идоракунии зиддибӯҳронӣ” (дар мисоли КВД «Талко-и Ҷумҳурии Тоҷикистон) рисолаи докториро дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 19 марти соли 2012 дифоь кардааст. Қаблан ҳам ӯ соли 2003 ӯ курсҳои такмили ихтисос дар самти муфлисшавӣ ва солимгардонии вазъи молиявиро дар Донишгоҳи байналмиллалии бонкии шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Россия низ хатм намуда буданд.

Муҳимтарин корномаи Асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон пас аз истиқлол,то имрӯз

Шералишо Олимович  то таъин шудан ба мақоми вазир, барои ободии ватан бо дастгирии Пешвои Миллат  ду чойхонаи калон, як корхонаи кабельбарории замонавӣ бо итолявиҳо, якчанд корхонаҳои азим дар ноҳияи Ёвон ва якчанд корхонаҳои саноатии дигар дар ноҳияҳои ҷумҳуриамон  аз ҳисоби «Талко» сохта ба истифода дода буд. Аз солҳои 2004 сар карда роҳбарии бузургтарин корхонаи саноатӣ ва стратегии  Тоҷикистон, заводи алюминибарории Турсунзодаро роҳбарӣ намуда, ҳаҷми истеҳсолоти алюминияро аз давраи Шуравӣ зиёдтар афзоиш дода, заводи алюминии тоҷикро дар дунё машҳур сохт, даҳҳо ҳазор одамонро ба ҷои корҳои доимӣ  таъмин намуд, маошҳоро якчанд маротиба боло бардошт, тамоми мактабу  боғчаҳои бачагонаро аз нав ба кор дароварда таъмирҳои замонавӣ намуд, миллиардҳо доллар инвестицияҳои хориҷиро ба Тоҷикистон  ҷалб намуда ворид сохт, ба мисоли Русали Русия, Глинкори Швецария, Гидроалюминий Норвегия, компании Нобели Сингапур ва дигар ширкатҳои  бузурги ҷаҳонӣ ва то охир обрӯйи  Тоҷикистонро дар сатҳи баланд нигоҳ дошта, то имрӯз ҳамкориҳои дуҷонибаро давом дода истодааст. Новобаста аз санкцияҳои давлатҳои аврупоӣ нисбати баъзе мамлакатҳое, ки Тоҷикистон молҳои худро ҳамчун транзит аз ҳудуди онҳо меовард, бе ягон мамониат  ба шарофати  Кабиров Шералишо борҳои лозима ба Тоҷикистон  воридот ва содирот шуда истодаанд. Яъне логистикаро хеле хуб ба роҳ монда аст. Масалан, замоне, ки муносибатҳои  Тоҷикистон  ва Узбекистон хеле сард буданду масъалаҳои транзитӣ ашёи хом ё маҳсулоти тайёр  бисёртари вақт байни ҳукуматҳои ду давлат ҳал намешуданд, вале Шералишо  Кабиров масъалаи таъминот ва фурӯши маҳсулоти алюминиро маҳз бо Узбекистон бо алоқаҳои ғайрирасмии худ ҳал намуда буд ва бе ягон мамониатҳову  мушкилиҳо қатораҳо рафта меомаданд, ҳамаи ин заҳматҳо аз таҷрибаи кории хуб доштан ва истеъдоди баланд  доштани ин ҷавонмард огоҳи волое медихад. Лекин новобаста аз ин, проблемаҳо вуҷуд доранд ва бо навбат ҳал шуда истодаанд. Ӯ тавонистааст бо як методи аҷоиби замонавӣ дар заводи алюминий тоҷик сарфи қувваи электрикиро  2-3 маротиба кам намуда ба мардуми Тоҷикистон барқро фаровон намояд. .

Аз баски  корхона бо  гази Узбекистон кору  фаьолият мекарду вақтхои охир бо сабаби  байни ду давлат проблемаҳои сиёсӣ пайдо шудан ва қатъ гардидани робитаҳои иқтисодӣ, Шералишо Олимович  дар ҳолати ниҳоят вазнин барои корхонаи бузургтарини ҷумҳурӣ ва барои бекор намондани мардум, илму малакаи худро моҳирона  истифода бурда корхонаро аз  сузишвории  газ ба аншишт- санги ватанӣ  гузаронид, аз як тараф мардуми зиёдеро дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд  дар кони нав кушодаи  ангишт соҳиби корҳои доимӣ намуд, аз тарафи дигар қиммати  арзиши аслии маҳсулоти  алюминиро хеле поён овард, ки ба бозорҳои  ҷаҳонӣ  рақобат карда тавонист ва садҳо корхонаҳои дигари дар ҷумҳурӣ буда аз ӯ ибрат гирифта корхонаҳои худро ба сузишвории ангиштсанг гузарониданд. Ҳамин тавр мисолҳои ободкориву созандагии ӯ хеле зиёдан. Агар дар Тоҷикистон 5-6 нафар мисли Шералишо Олимович  дар гирди Пешвои Миллат  мебуданд, Тоҷикистон боз ҳам ободтару зеботар мегашт.

Беҳтарин ташаббускор ва ватандӯсти асил

«Боз як мисоли равшан аз  фаъолиятҳои Шералишо Кабировро қайд накарда  наметавонем, тахминан аз солхои 2006 сар намуда дар гирди як ширкати навтаъсис бо номи «Сомон -Суғд»  зиёда аз 200-250 корхонаву бозорҳо ва иншоотҳои тамоман аз фаъолият мондаи вилояти Суғдро ҷамъ намуда, ба онҳо барои беҳтар намудани фаъолият қарзҳои имтиёзноки «Ориёнбонк»-ро  пешкаш  ва таъмин намуд, беҳтарин мутахассисонро аз  Душанбе ба ин корхонаҳо роҳбар таъин намуда, дар  вақтҳои кутоҳтарин ин корхонаҳо ба фаъолияти мунтазами доимӣ  корҳои худро шуруъ намуда, ҳазорҳо одамон соҳиби ҷойҳои нави корӣ гаштанд ва даҳҳо миллион сомонӣ ба бюджети ватани азизамон маблағҳо то имрӯз аз ин корхонаҳо супорида  шуда истодаанд.»

«Вақте ки  буҳрони иқтисодӣ тамоми дунёро фаро гирифта буд ва ҳамаи истеҳсолот ва маҳсулотҳои онҳо бозори худро гум карда  буданд, Шералишо Олимович  тавонист бо як тариқи нав, схемаи толлинги корҳои заводи калонтарини ҷумҳурӣ алюминийро бо ширкатҳои калонтарини дунё  ба кор монад ва бо сари баланд ин буҳрони иқтисодиро паси сар намояд.»

Ҷаноби Олӣ, Пешвои  Миллат, ҳар сол мисли як авлиё, падарворона пешгуӣ ва насиҳатҳо мекунанд, ки ҳатман захираҳои хурокворӣ ва сузишвориҳои худро  беҳтар намоед, ки дар олам шароити озуқаворӣ ва сузишворӣ ташвишовар мебошад. Яке аз аввалинҳо шуда Кабиров Шералишо ба даъвату насиҳатҳои Пешвои Миллат вокунишҳо нишон медиҳад. Дар мавриди таъмини орду равған, як сохибкореро бо номи Қаюмов Аҳмад Ҷалолович  пайдо намуда ба ӯ чи тавр ба миқдорҳои калон бо орду равғани  нисбатан арзон  таъмин намудани халқи тоҷикро дастур дода, барои пеш бурдани соҳибкорӣ маблағҳои имтиёзнок ёрӣ расонид, ва дар муддати кутоҳ Аҳмад Қаюмовро аз як соҳибкори оддии миёнаҳол ба монополисти бозори Тоҷикистон  мубаддал гардонид, ки имрӯзҳо Қаюмов Аҳмад  ба даҳҳо миллион доллари қарзҳои имтиёзноки  «Ориёнбонк» гардишҳо карда истодааст. Ҳоло бошад бо дастуру супоришҳои Шералишо Олимович ин соҳибкор доимо дар сафари  Русияву Қазоқистон оиди таъминот ва қарордодҳои нави маводҳои хурокворӣ  бо муваффақият амал карда истодааст. Ана ин аст яке аз сабабҳои асосии  боло нарафтани нархи орд, шакар ва равған дар Тоҷикистон. Мисли Қаюмов Аҳмад, дар гирди Шералишо Олимович боз раиси » Кумитаи захираҳои давлатии»-Точикистон Ахмедов Нурмаҳмад Атоевич, ки асосан таъминоти гушту тухм, шакару орд ва як қисм равғанро таъмин менамояд, раиси «Тоҷикматлубот»  муҳтарам Идиев Ҳусейн, бошад асосан ёрдамчи Кабиров Шералишо оиди гузаронидани ҷашнҳову  сохтумонҳои иншоотҳои давлатиро ба уҳда доранд. Аммо шумо дар мавриди Идиев Ҳусайн чандин мақолаҳо нашр намудед,ки мо ҳайронем? Бо таъминоти сузишвории самолётҳо  аз Туркманистону Қазоқистон бародарон  Файзулло ва Нурулло  Саидовҳо  машғул ҳастанд, ки ҳар яке  аз онҳо ягон  соҳаи ба онҳо бовар кардаи Кабиров Шералишоро пеш мебаранд.

«Барои идора намудани ин қадар ҳаҷми калони кори ақлу дониши ниҳоят калон зарур аст, ки уро Худо ба Кабиров Шералишо додааст.»

Аз рӯзи аввали таъин шудани Ҳасан Асадуллозода ба роҳбари биржа  ва баъдан роҳбари  «Ориёнбонк» ҳамаи корҳоро бо пуррагӣ Кабиров Шералишо то таъин шудан ба ҳайси вазир ба пеш мебурд ва ба муваффақиятҳои калон хам муваффақ гардид. Ҳасан Асадуллозода аз як тараф бо супоришҳои Пешвои Миллат бисёр масруф буд, аз тарафи дигар маҳорат ва ақлу дониш ва  зиракии Шералишо Кабиров ӯро ба ҳайрат оварда буд, ба ҳамин хотир ба Кабиров 100% боварӣ дошт ва ҳамаи масьулиятҳоро ба души ӯ гузошта буд. Ҳасан Асадуллозода  дар хақиқат хато накард, кадом лоиҳаеро ба ӯ бовар мекард, ҳатман дар вақташ иҷро бо сифати хуб ва дар  оянда даромади хуб ба итмом мерасид. Даҳҳо корхонаҳои хурду калон дар шаҳри Душанбе  ва ноҳияи Ёвон  ба садҳо миллион доллар сохта ба истифода дода шуданд, маҳз бо сардории ҳамин марди накукору накуном. Як чанд боғҳои  истироҳатии калон  бо гулҳову дарахтони аз кишварҳои Аврупо оварда, дар шаҳрҳои Душанбе, Кулоб, Дарвозу Турсунзода қомати худро афрохта дарҳои худро ба мардуми тоҷик кушоданд. Агар бигуем, ки муаллифи парчамҳои баландтарин дар ҷаҳонро сохта, боло бардоштан дар маркази пойтахт ва дигар шаҳрҳои ҷумҳуриамон маҳз иқдоми ҳамин ҷавонмарди ба Пешвои Миллат  содиқу ғамхор аст, хато намекунем.

Созанда ва меъмори навини Дарвоз пас аз истиқлолияти кишвар

Сохтумони чойхонаҳои калонтарин дар Осиёи Миёна, кушодани якчанд марказҳои илмиву тадқиқотӣ низ яке аз иқдомҳои ӯ мебошад. Фақат як назар афканем ба ноҳияи Дарвоз, он ҷо чи қадар иншоотҳои замонавӣ ба мисоли бинои боҳашамати «Хонаи Модар», майдони футболбозии бо номи «Арена Корона», меҳмонхонаи панҷситораи «Палас Корона» ва якчанд беҳтарин биноҳои истироҳатии баландошёна, кучаҳои марказӣ пурра мумфарш, корхонаи истеҳсоли  плиткаҳои мрамоӣи, бустонсарой бо номи «Чор баҳор»  барои қабули Ҷаноби Олӣ  ва меҳмонҳои баландпоя  ва ғайраҳо  сохта шудааст. Шаҳраки Қалъаи Хумро ба яке аз шаҳрҳои зеботарини аврупоӣ табдил додааст. Ҳамаи ин иншоотҳои дар боло зикр шударо  маҳз аз ҳисоби худ ҳамчун зодаи ин диёр маблағгузорӣ  намудааст.

Маҳз Шералишо Олимович  дар баландии 2300-2500 метр аз сатҳи баҳр, шаҳреро ба номи Корона пайдо намуд, ки мувофиқи гуфтаҳои олимони Фаронса, Олмон, Британияи Кабир, Русия  ва Эрон зиёда аз 6000 сол пештар  дар ҳудуди зиёда аз 100 га замин  вуҷуд доштааст. Ҳоло олимонро аз давлатҳои пешрафта ба ин шаҳрак ҷалб намуда, тадқиқотҳо оиди пайдоиши ин шаҳр корҳои илмӣ бурда истодаанд ва маблағгузориҳояшро Кабиров  Шералишо аз ҳисоби худ ташкил намудааст.

«Агар дар ҳукумати имрӯза як қисми каме аз вазирону раисон аз таҷрибаҳои Кабиров Шералишо истифода мебурданд, Тоҷикистони азизи мо боз ҳам сарсабзтар ва ободтар мегашт. Худ, ки ҷавони  зебову қоматафрӯхта мебошад, аз ӯ фақат некӣ ва хизмат  ба миллату давлат боқӣ мемонад.»

Пешвои Миллат аз корҳои ободкориву меҳмоннавозиҳои Кабиров Шералишо якчанд  борҳо дар ҷаласаҳои ҳукумат қайд карда гузаштаанд ва ба дигарон ҳамчун намунаи ибрат ҳам  мисолҳо овардаанд. Ба хотири ин қадар ободкору ватандӯст  ва содиқона хизмат намудан ба Пешвои Миллат, мо бояд мисли Кабиров Шералишо барин  кадрхоро  ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, нисбаташ гапҳои беасосро аввал санҷида баъд рӯйи коғаз биёварем. Аз шумо хоҳиш ва талаб менамоем ин мактуби сарҷамъонаи моро ҳатман нашр намоед, то мо донем “Ислоҳ” ҳақиқатро чоп мекунад.

Бо эҳтиром як гурӯҳ зиёиёни тоҷик:

Акбаршо  Одилзода,

Муҳаммади Раҳмониён.

Рустамшо  Бузургзода.

Хилватшоҳи Одинашо.

Қодири Каримзод.

Раҳмоналӣ Асозода.

Гулбибии Сайрамшо,

Ҷамъ 22 имзо…

Ps:  Ҳаводорони арҷманди «Ислоҳ»!Мо, ба унвони як расона барои ҳамчунин муаллифон ҳам минбар медиҳем ва навиштаашонро, ончуноне ҳам мебинед бидуни тасарруфе мунташир кардем. Аммо, мову шумо хуб медонем, ки воқеият чӣ аст. Ба ҳар сурат мехоҳем, ки шумо низ назари худро бинависед ва агар дар баробари ин «асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон» ҳарфҳои гуфтание доред, бифармоед. Танҳо бо далел ва фактҳо нависеду фиристед,то онҳоро низ нашр намоем.

Сообщение Ақидаи як гурӯҳ аз зиёиёни тоҷик: “Шералӣ Кабир- асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон” появились сначала на ISLOH.net.

Идиев.Ҳ : Тоҷикматлуботро 100 сола не 30 сола гӯед, фармони Озода аст, “пешво”-ро қаҳр мекунад!
(бахши шашум)

Ин матлаб идомаи силсиламатолиби «Ислоҳ.нет» дар робита ба «Тоҷиксодиротбонк», Тоҷиддин Пиров ва муовини вай Қурбон Хушаков ва ҳамчунин Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ва додарарӯси Эмомалӣ Раҳмонов аст.  Қаҳрамони ин вижаматлаб Идиев Ҳусейн, раиси «Тоҷикматлубот»-и Тоҷикистон аст. Беҳтараш бихонеду огоҳ бишавед, ки дар кишвари мо чи гуна ҳукуматдорӣ карда истодаанд.

«Чанд рӯз пештар як гурӯҳи 40-50 нафарӣ бо сардории як зодаи Тоҷикистон, ҳоло яке аз сарватмандони Русия Коган Валерий Михайлович аз Русия ҷиҳати иштирок дар ҷашни 100 солагии «Тоҷикматлубот»  ба Душанбе омаданд.»

Аксарияти онҳо дар Тоҷикистони даврони шуравӣ таваллуд шуда ва бештарашон то аввалҳои соли 90-ум дар ниҳодҳои «Тоҷикматлубот « кор кардаанд. Онҳо бо расму одатҳои тоҷикӣ то ҳозир эҳтиром доранд ва Тоҷикистонро ватани дуввуми худ мешуморанд. Баъзе аз онҳо дар хонаҳояшон бо тоҷикӣ суҳбат мекунанд. Албатта ин боиси ифтихор ва таҳсини мо-тоҷикҳо аст. Онҳо бо барномаҳои тартибдодаи худ омада, аввал дар Душанбе ва баъдан ба Хуҷанду Ҳисор ва Бохтар рафта бо собиқадорони «Тоҷикматлубот»-и давраи шуравӣ вохуриҳо ва ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд, ҳатто сари манзили баъзе аз онҳо рафта дуову фотиҳа карданд. Дар ҳақиқат як инсонигарӣ, як меҳру муҳаббати беҳамто аз тарафи ҳар яке  аз он меҳмонҳо ҳис карда мешуд. Аммо аз тарафи роҳбарияти «Тоҷикматлубот» махсусан роҳбари он Идиев Ҳусейн ягон ташаббус ё меҳмоннавозӣ дида нашуд, ғайр аз нолишу шикоят аз бепулӣ. Идиев Ҳусейн, ки худ аз ин соҳа нест, ба ӯ душвор аст ин хел одаму одамгариҳоро фаҳмидан. Вай ин кучаҳоро нагузаштааст, фикри вай фақат бо пул банд аст. Бубинед, ки меҳмонҳо як моҳ пеш аз омадан ба ҷашни 100-солагии  «Тоҷикматлубот», ҳамчун роҳбари ин идора ба вай таклифу дархостҳо пешниҳод ва даҳҳо маротиба такрор мекунанд, ки ҳамаи хароҷотҳояш аз тарафи мо, шумо фақат дар сатҳи ҳукумат гапзанон кунед. Ҷавоби ин бесаводи Идиев Ҳусейни як замон мошиншӯяки Ҳасан Асадуллоев ба онҳо ҳамин аст:

» агар мо ҷашни  «Тоҷикматлубот»-ро қайд карданӣ бошем, фақат дар он ҳолат, ки 30 -солагии ҷашни «Тоҷикматлубот» мегуем.

Онҳо мегуянд, ки тамоми мардум хуб медонад, ки «Тоҷикматлубот»  аз рӯзи аввали ташкилшавии Тоҷикистон вуҷуд дораду ҳазорҳо иншооташ  имрӯзҳо 70-80 сола шуданд, ин нодуруст аст, мо худамон 35-40 сол пештар дар ин соҳа кор  кардаем. Идиев Ҳусейн бошад дар як гап истодааст, ки ба ман супориши роҳбари дастгоҳ Озода Раҳмон аст ки дар Тоҷикистон ҷашну идҳое қайд карда мешавад, ки ҳатман пайвастагӣ ба фаъолияти кории Пешво дошта бошад. Яьне кору боре, ки дар давоми 30 сол шудааст. Дигар идҳоро ҳам қайд кардан ё ҷашн гирифтан мумкин, агар шумо гуед, ки ҳисаи Пешво дар он ниҳоят калон аст. Масалан агар бигуед, ки «Алюминий  завод»-и Регарро 30 сол пеш пешво сохта буд, ин ҷашн қабул карда мешавад ва иҷозати гузаронидани ҷашн дода мешавад, фарқ надорад, ки «Алюминий  завод» вақте сохта шуд пешво ҳоло худаш мустақилона пешоб карда наметавонист. Ана ҳамин тавр як  хушомадгуиҳои тамоман дар ақл  ҷой намегирифтаро  ёфта мебароранд.

Меҳмонҳо маҷбур шуданд ҳамчун як зодаи ҳамин кишвар, аз рӯйи программаи сохтаи худашон амал намоянду қафо баргарданд. Ба ҳар ҳол вақти рафтани онҳо Ҳасан Асадуллозода албатта бо иҷозати «боло» омада назди меҳмонҳо аз ҳисоби меҳмонҳо хурок хурда рафт. Ҳасан Асадуллозодаи шаст фарзанда вобастагии сахт ба Коган дорад. Самолётҳои «Сомон Эйр» ҳама бо ёрии ӯ харида ва иҷозати ба Русия парвозҳоро дода шудааст. Идиев Ҳусейн бошад мисли Табаки аз мултфилми «Маугли»пушт-пушти Коган Валерий Михайлович шароити гап заданро пайдо мекард ва дар охир шарм накарда барои гуё дастгирии соҳаи «Тоҷикматлубот» аз ӯ 4-5 миллион доллар кумак хостаст. Бо баҳонаи корҳо тамоман суст, супоришҳо аз боло зиёд, меҳмонҳо бисёр, масраф калон. Ногуфта намонад, ин меҳмонҳо пурра, то охир харҷи худашонро худашон пардохт намуда рафтанд. Ин як шармандагист! Маълумотҳо аниқ ва аз нафарони иштирок намуда дар ин маърака ба “Ислоҳ” расидааст..

Дар мақолаҳои қаблӣ нисбати Идиев Ҳусейн як каме гуфта будем. Ҳоло мехоҳем нисбати фаъолияти дар вилояти Суғд кардааш каме нақл намоем. Вакте ки Идиев Ҳусейн раиси филиали «Ориёнбонк» дар вилояти Суғд шуда кор мекард, ҳамроҳи у Вадудов Мадиёр — раиси ширкати Сомон Суғд буд. Ҳар ду дар зери итоати ба гуфтаи худи Вадудов Ҳасани «даҳмарда» буданд. Бо супориши Ҳасани «даҳмарда» Вадудов Мадиёр бояд дар  вилояти Суғд як корпоратсия бо номи Сомон -Суғд ташкил намуда, максимум корхонаҳои вазъи молиявиашон хуб ва фоидаоварро, бо ҳар роҳе набошад, бо зуриву фиреб бо дастгирии раиси пештараи вилоят Қосимов Қосим зери итоати худ медаровард. Ҳамаи ин нақшаҳоро Шералӣ Кабиров аз аввал кураторӣ менамуд. Ҳафтае як маротиба ба Хуҷанд рафта нисбати корҳои кардаи онҳо ҳисобот мегирифту нақшаҳои нави ҷиноятиро дастур дода бармегашт.

Барои амалӣ намудани ин нақшаҳои ҷинояткорона, аз як тараф бо супориши Ҳасан Асадуллозода аз тарафи дигар бо супориши раиси онвақтаи вилоят Қосимов Қосим тамоми кормандони мақомоти қудратӣ: КГБ, ВКД, прокуратура, кумитаи андоз ва баъдан агентии зидди коррупсия ҳама дар хизмати ин ду намояндаи «даҳмарда» буданд, то ин ки супориши Пешво ва нақшаи ба Ҳасан Асадуллозода додашудаи ӯ то охир ҷомаи амал пушад. Мардум бояд ҳаминро бифаҳмад, ки бе супориш ва иҷозати пешво Ҳасан ҷуръати як киоскро  аз мардум  гирифтан надорад. Ҳамаашро пешво пешакӣ дастур медиҳад ва роҳнамоӣ мекунад. Барои ҳамин аз раисони вилоят  сар карда то тамоми раҳбарони идораҳои қудратӣ ин ҷиноятҳоро дастгирӣ менамоянд. Идиев Ҳусейн ва Вадудов Мадиёр  дар давоми 3-4 сол, дар вилоят зиёда аз 200 корхонаҳои беҳтарин, бозорҳову амборҳо, автозаправкаҳову мағозаҳоро аз соҳибкорон бо шантажу зуроварӣ ва ё бо пулҳои ночиз ё тамоман бепул кашида гирифтанд, нисбати садҳо одамон парвандаҳои сохтаву бофта ташкил намуда, як қисм одамонро бегуноҳ ба солҳои зиёд паси панҷара равон кардаанд. Солҳои аввал ба ҳамаи ҷиноятҳои онҳо раиси вилояти Қосимов Қосим Раҳбарович ва як муйсафеди  қаллоби шантажист, ки худаш зодаи ноҳияи Муминобод асту аз синни 18-19 солагиаш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд зиндагӣ намуда он ҷо соҳиби оила, хонаву дар ва дар як мағозаи майдаи хурокворӣ то солхои 1993 оромона, биниашро ба ягон ҷой нахалонида кору зиндагӣ мекард, бо номи Назар-ака Қосимов, то он рузе, ки бо собиқ роҳбари дастгоҳ марҳум Салехов Маҳмадназар қудо набуд, кумак мекарданд. Баъд аз соли 2006 ба ҳамаи ҷинояткориҳои онҳо раиси нави вилоят Қоҳир Расулзода кумак мерасонид. Ба маълумоти аниқ яке аз сабабҳои раиси вилоят ва дар охир сарвазир шудани Қоҳир Расулзода  ин маҳз дустиаш бо Ҳасан Асадуллозода ва дастгирии ӯ мебошад. Барои ҳамин Қоҳир Расулзода  низ бераҳмона барои ғасби молу мулки соҳибкорон ба Вадудов Мадиёр ва Идиев Ҳусейн ёрии худро дареғ надоштааст.

«Назар Қосимов худро ҳоҷӣ, одами поку покиза меҳисобад. Лекин аз ягон намуди бизнес ё пули ҳаром парҳез надорад. Фақат қочоқи сигаретро зиёда аз 30 сол мешавад дар он вилоят ҳамин одам мекунад. Як фарзандашро раиси андози вилояти Суғд монда буд. Касеро мехост ба воситаи писараш миёншикан карда пулҳояшро гирифта боз миёнарав шуда халос менамуд, гуё боз ёрӣ мерасонид. Ҳамаи ин корҳоро Давлатов Нусратулло, раиси Кумитаи андоз хуб медонад ва шохид аст. Барои он ки он солҳо Давлатов низ дар андози вилоят зердасти Қосимов Хуршед буду доимо аз Назар -ака дуо мегирифт. Идиев Ҳусейн  ва Вадудов Мадиёр низ мисли дигар кормандони ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд дар хонаи Назар Қосимов дастҳо ба пеш хизмат мекарданд, агар розӣ набошанд, қасам бихуранд дар назди виҷдони надоштаи худ. Нисбати Назар Қосимов ва ҷиноятҳояш бо ду- се мақола сухан тамом навешавад. Албатта дар оянда равшантар маълумот пешниҳод менамоем.»

Бадии кор дар он аст ки ширкати Сомон- Суғд, ки ин қадар корхонаҳоро дар Суғд тасарруф кард, ҳамаи роҳбаронашро аз Колхозободу Қурғонтеппа монданд, ҳоло 75-80% ин корхонаҳо фаъолият намекунанд, роҳбарони корхонаҳо фақат ба фурӯхтани заминҳои дохилу гирди корхонаҳо ва фурӯши таҷҳизоту техникаҳо машғул мебошанд. Мақсад аз ғасби ин корхонаҳо чи буд? Нест кардани ҷойҳои корӣ, нест кардани соҳибкорӣ дар ин вилоят буд.

Дар телевизор 30 сол мешавад пешво даъват мекунад, ки агар шумо ватанатонро дӯст доред ҷойҳои кории нав ташкил кунед ва доимо «қайчии тиллоӣ» дар дасташ  ё феълан арғамчини гов тебала кунии Раҳмони чақыр дар дасташ ноҳия ба ноҳия лентабурӣ мекунад, аммо хешу табораш  корхонаҳои беҳтарине, ки дар вақт- вақташ  андозу маош месупориданд ба нестӣ бурда расонида истодаанд, ин сиёсати пешворо ҳеҷ ақли солим қабул намекунад. Акнун Вадудов Мадиёр гуё ҳақиқатҷуй шудаасту  мегуяд, ки мақсади мо аз кашида гирифтани корхона, онро обод кардан нест, мақсади мо ба гуфтаи «даҳмарда» бояд мардум бой нашаванд, ки баъд дарди сарамон мешавад. Охир хуб набуданд, ки ҳамин корхонаҳо фаъолияти муътадил намуда ҳарчи зиёдтар андоз супоранд, мардумро ҷойи кор диҳанд ва ҳатман доляи авлоди шуморо диҳанд. Ҳоло бе «доля» супорӣ ҳатто газетфурушӣ карда наметавони дар кишварамон, ҳоло бизнес ҷойи худаш.

«Идиев Ҳусейн ва Вадудов Мадиёр дар ҳаёти худ як туалет бо пули худ насохтаанд ва ба  қадри ин меҳнатҳои мардум ақлашон ҳам намерасад.»

Имрӯзҳо зиндагӣ Вадудовро ба як шароите овардааст,ки у розӣ аст барои як пули ночиз тамоми сиру асрор ва супоришҳои ҷинояткоронаи ба қавли худаш «даҳмарда»-ро барои ноҷавонмардиҳояш, бар ивази хизматҳои чандин солаи Вадудов Мадиёр нисбати вай кардааш пурра ошкор созад. Ниҳоят бо як алам  нисбати имрӯза шароиташ ҳарф мезанад, сахт пушаймон аст, ки ба хотири мансабу пулу чизу чора ба ин қадар мардбачаҳо хиёнат кардааст. Намедонад ба кӣ дарди дили худро гуяд. Ҳама ёру ҷураҳо аз наздаш дур шудаанд. Гуё баъд аз қарздор шудан, якчанд хонаву мағозаҳои дар вилояти Суғд будаи худро фурӯхта баъзе аз қарзҳояшро додааст. Имрӯзҳо ба шиносу ношинос мисли девона рози дил мекунаду Ҳасан Асадуллозода ва  Шералӣ Кабировро дашном, дигар коре надорад. Ба ростӣ раҳмамон намеояд. Барои он ки Ҳасанро ҳамин се -чор нафар мутилшику иғвогар боз ба роҳҳои бадтар бурданд, агарчи худаш ҳам ягон фаришта набуд, як касофати зинокор!

Ҳасан Асадуллозода бо духтарбозиву айшу ишрати худ аз дунё хабар надорад.

Куратори асосии ғасб кардани бизнесҳо, одамонро дар назди «даҳмарда» сиёҳ намуда, ҳаёташонро сузонидан ва маслиҳатчии асосии Ҳасан Асадуллозода,  то солҳои ахир Шералӣ Кабиров буд. Вақтхои  охир ба гуфтаи Шералӣ Кабиров ӯро «боло» аз Ҳасан Асадуллозода дур кардааст, яъне «запрет» гузоштааст, ки назди ӯ рафта ҳисобот диҳад. Агар ҳамин тавр гирем  аз як ҷиҳат пешво инҷо дуруст ҳам кардааст. Ҳасан дар Ориёнбонк ҳукумати худро солҳои дароз ташкил намуда буд, ки ҳамаи раисону вазирон бо навбат ба қабули ӯ рафта ҳисобот медоданд. Баръакси кор дар маҷлисҳои назди сарвазир фақат муовинони раисону вазирон иштирок менамуданд, ба ҳама вазирон баҳона назди «Раис» будем, яьне назди Ҳасани даҳмарда. Ҳайрон мемонем, одами мактаби миёнаро базур хатм карда ба ин вазирону раисон чи корҳоро ёд медода бошад?!

Хонандагони муҳтарам! Бовар кунед, мо ба ягон нафари қаҳрамонони ин мақола кинаву адоват ё хусумате надорем, фақат мехоҳем, ки халқ каме бошад ҳам бидонад, бифахмад, ки сардорони идораву корхонаҳо ва наздикони пешво то чи андоза худобехабар ва аз ҷамъият дур шудаанду одамонро ҳамчун мурча меҳисобанд. Аз шумо қаҳрамонони мақола хоҳиш менамоям, пеш аз ҳақорату дашном намудани нависанда, ҳатман як дақиқа оромона фикр кунед, ки куҷояш нодуруст аст….

Вадудов Мадиёр бо марги табии гузашт ё Ҳасан ӯро «бе зарар» гардонид?

Дар ҳоле, ки ин матлаб ба нашр омода мешуд хабар расид, ки яке аз қаҳрамонони  мақола Вадудов Мадиёр даргузашт. Ин одам ҳазорҳо оиларо сарсон, садҳо корхонаро тасарруф карда боиси аз ҳам пошии никоҳу оилаҳои  даҳҳо хешу табор ва шиносҳои худаш шудааст. Инчунин чунин маълумот ҳам расида аст,ки Ҳасан Асадуллоза дар бе зарар гардонияш саҳм доштааст. Ҷузъиёти ин ҳодисаро ҳатман хоҳем гуфт.

Ба хоҷааш Ҳасан Асадуллозода хабари мурдаашро расониданд. Ӯ заҳрханда карда гуфтааст, ки » и какан нав мурд, ман фикр карда будум, ки 2-3 сол пеш мурдай, хайр ягон нафар бекорчира равонуш кунен бравад, иштирок куна» . Ҳангоме пурсидем пас чаро Ҳасани даҳмарда чунин гуфтааст? Посух чунин буд. Ҳасан хело дар интрига сохтан ва шакле рафтор кардан маҳорати хубе дорад. Мо садҳо далоил дорем, ки ӯ падарро кушта ва ба писараш боз кумак карда, то аслан фикр накунад. Инчунин писарро кушта ва зиндонӣ карда боз ба падараш гуфта ман кушиш мекунам ӯро озод кунам ва пулашро гирифта коре ҳам накарда аст.

Хуб дигар бояд дарси хубе бошад ба дигар чопикҳои ин оила.Ана барои кӣ хизмат кардааст Вадудов Мадиёр. Солҳои охир фишори хун, баландии қанд, бепулӣ, бевазифагӣ ӯро алкоголик  сохта буд. Ба гуфтаи шиносонаш дар вақти мастӣ аз ошёнаи дуввум ба замин афтида дар беморхона бистарӣ шудаасту он ҷо инфаркт гирифтааст, ё чуноне гуфтем ба ин кор кумакаш кардаанд.

Бо як соҳибкори фархорӣ, ки номаш Боймурод Мирзоев бо тахаллуси  бойи фархорӣ аз солхои 1980 ҷурагӣ, дустӣ ва бародарӣ доштанд. Дар охир ҳарду ба  занҳои якдигар чашм ало карда буданд Аъузубиллоҳ аз ин гумроҳӣ ва ….хонавайрон ҳам шуданд.  Вақте ки Вадудов Мадиёр  бо супориши Ҳасан «Сомонсуғд»-ро ташкил намуд, аввалин шуда » Гафуровский винзавод»- ро, ки азони Мирзоев Боймурод  буд бо кумаку ёрии Назар Қосимов, Қосим Қосимов  кашида гирифт. Дар охири ҳаёт Мирзоев Боймурод ҳам сахт бечизу бепул шуда буд. Чанд соли пеш дар як таксии кучаги дар  ағбаи Анзоб ба садама дучор шуда мурд. Сабабгори асосии несту нобуд кардани Мирзоев Боймурод ҳамчун як соҳибкор, ҳамчун як дастархондор  Вадудов  Мадиёр бо Назар Қосимов ҳастанд. Мирзоев Бой ҳам фаришта набуд. Ӯ ҳам аз ҳамин парода буд, аммо воқеияташ ин буд,ки гуфтем. Ин нақлҳои моро мардумоне, ки синнашон аз 50 боло шудааст, хубтару беҳтар мефаҳманд. Барои он ки зиёде аз онҳо ин нафаронро аз ҷавонӣ мешиносанд.

Ps :Ин вижаматолиби шашумро махсус ба ин чанд нафаре исмҳояшон рафт ихтисос додем. Чун,ки ин ҳолатҳо куҳна нашаванд ба ин хотир чунин кардем. Дар мавриди қаҳрамонҳои асосии вижаматолиб,ки Тоҷиддин Пиров ва Қурбон Хушаков хело маълумотҳои зиёде расидаанд. Онҳоро мегузорем ба вижаҳои баъдӣ. Чун,ки ҳоло ҳарфу сухан барои инҳо зиёд аст ва куҳна шави ҳам надоранд.

Поёни бахши шашуми вижаматолиби мо, бо “Ислоҳ” бошед ва аз маълумотҳои дигари мо нисбати ин ғоратгарону тороҷгарон бештар огоҳи пайдо намоед!

Сообщение Идиев.Ҳ : Тоҷикматлуботро 100 сола не 30 сола гӯед, фармони Озода аст, “пешво”-ро қаҳр мекунад! появились сначала на ISLOH.net.