Архивы Суҳроб Қосимов - ISLOH.net

Дуздии барқ, ришва ва ҳимоя: «Умар Алиматов ва нақши Прокурори нақлиёт»
«Ҳар кӯҳнагадое, ки тавонгар гардад…Умар Алиматов барқи хонаашро бо дуздӣ аз Медгородок таъмин мекардааст. Аммо инҷо Музаффар Юсуфӣ, Прокурори нақлиёт чи рол бозидааст?»

Умар Алиматов: Бо ин ном дар Тоҷикистон хелеҳо шиносанд. Умуман Алиматовҳо аз афроди машҳур мебошанд, ки ҳар яке аз онҳо қиссаву ҳикояту ривояти хоси худро доранд.

Аммо Умар Алиматов, бизнесмен, катазан, нафаре, ки тавлиду истеҳсоли бӯза- пивои чехиро нахустин шуда дар Душанбе ба роҳ монда таҳти номи «Сим-сим» ба фурӯши он пардохт. Сим-сим на фақат пиво, ҳамчунин исми занҷираи ресторанҳои Умар Алимтов ҳам ҳаст, ки дар худи Душанбе дар чанд ҷой амал мекунанд.

Моҷароҳои додгоҳӣ, ҷангу занозаниҳои аъзои ин хонавода ҳам ҳар сари чанд вақт дар расонаҳо хабари аввал мешуданд. Умар Алиматов дар тиҷорати наркотика ҳам як замон гӯи сабқат карда буд. Ва, то чандин муддат ин тиҷоратро контрол ҳам мекард, пеш мебурд. Ҳатто маводи мухаддирро бо ҳелекуптер (вертолёт)-ҳои части 3102и Суҳроб Қосимов ба Хуҷанд интиқол медод. Аз онҷо тавассути Автобусҳои мусофирбар ба Русия интиқол медоданд. Ин корро ҳамроҳ бо бародари Генерал Суҳроб Қосимов якҷо анҷом медоданд. Ҳамон солҳои 2005 КДАМ ин гурӯҳи қочоқбарони маводи мухадирро боздошт намуд. Дар ин ҳалқа ё гурӯҳ Раҳмат, Маҳмад ва Давлатшо ҳамроҳ будунд. Аммо аҷоиби кор ин аст,ки пас аз боздошти ин гурӯҳи қочоқбарон,ки борро дар як части Суҳроб Қосимов тахлия карда буданд ва ҳангоми интиқол боздошт шуда буданд. Бо дахолати Суҳроб Қосимов ҳамаро озод карданд. Дар поён чигуна духтари Давлатшо Нодираро Умар Алиматов бо кадом сабаб ба занӣ мегирад хоҳем гуфт.

Ҳатто дар як маросими намоиши молу коло дар шаҳри Душанбе худи Эмомалӣ Раҳмонов вақти дидан аз тавлидоту фаровардаҳои ширкатҳо, вақте аз назди ғурфаи мансуби ширкати «Сим-сим» рад мешуд тарафи яке аз Алиматовҳо гуфт, ки ана акнун ба кори ҳалол ёфтӣ дигар бо наркотик заниматса накун. Яъне Раҳмонов ҳам огоҳ ва хабардор буд.

Аммо ин сумдори калон ва дар гузашта аз боевикҳои Фронти халқӣ, ки аз инсоният ва одамият кам баҳра ва бӯ бурдааст чанде пеш даст ба коре задааст, аслу асосу ӯву шахсияти ӯро намоён мекунад. Свети хонаи истиқоматиашро ба таври дуздӣ дар ноқили Медгородок, беморхонаи шаҳри Душанбе пайвастааст. Тавассути нозирони барқ ба даст меафтад.

Идомаи моҷаро аз чи қарор аст, аз ҳикояти наздикон, дурусттараш бигӯем огаҳони ин ҳодиса хоҳед фаҳмид.

Барқ дуздӣ : «чӣ гуна Алиматов зери ҳимояи Музаффар Юсуфӣ қарор гирифт?»

Бо дуруди фаровон ба устоди муҳтарам, Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳайати кормандони расонаи маъруф ва ҷасури «Ислоҳ». Дар ин навишта ҳодисае ҳикоят карда мешавад, ки як калимааш ҳам ҳосили тахайюл нест, ҳамагӣ ҳақиқат ва воқеият аст ки ҳамин чанд моҳи пеш иттифоқ афтод.

Ман мехоҳам дар бораи шахсе сухан кунам, ки рафтори вай инсонро ба ҳайрат меорад. Ин шахс як бизнесмени дузди Тоҷикистон Умар Алиматов, роҳбари ширкат ва тарабхонаҳои Сим-Сим мебошад.

Ин шахс қувваи баркро медуздад, маблағи ҷаримаро пардохт намекунад, аз кормандони барқ маблағи калон мегирад ва онҳоро тавассути мақомоти шиносш маҳкам намуда аз кор пеш мекунад.

Устод, инро бояд мутазаккир бишавам,ки ҷабрдидаҳо наметавонанд ному насаби худро  ба ҷиҳати бехатарии ҷони худу пайвандонашон ошкор намоянд.

Ин нафарон дар горсвети ноҳияи Исмоили Сомонӣ кор мекарданд.

Дар асоси муроҷиати роҳбарияти беморхонаи рақами 5, яъне Медгородок дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки масрафи барқаш баробар ба даҳҳо ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми қарзаш садҳо ҳазор шудааст, як корманди ин идора бо ҳамроҳии як ҳамкораш дар беморхонаи мазкур санаи 11.02.2025 санҷиш мегузаронад.

Санҷиш нишон медиҳад, ки сабаби даҳҳо ҳазор сомонӣ қарздор шудани беморхонаи Медгородок ин дуздии барқ аз ноқилҳои ин беморхона мебошад. Вақте кормандон таҳқиқи ин вазъро шурӯъ мекунанд, маълум мешад, ки ноқили дуздии пайвастшуда ба хона (қасри) Умар Алиматов тааллуқ дорад. Ин хона дар бари беморхонаи мазкур қарор дорад. Умар Алиматов аз ин шароити «ҳамсоягӣ» истифода бурда бо таври пинҳонӣ тӯли чандин солҳо аз ҳисобкунаки беморхона ноқил гирифта бешарафона ва бешармона барқро истифода менамудааст.

Кормандони идораи барқ ин ҳолатро ошкор намуда пурра ба навор мегиранд, ( навораш маҳфуз аст) ва бар муқобили шаҳрванди барқдузд Умар Алиматов акти ҷаримавӣ ба маблағи 151 ҳазор сомонӣ тартиб медиҳанд ва тибқи талаботи қонун барқи коттеҷи ӯро қатъ мекунанд.

Ба энергетики Умар Алиматов, ки номаш Комил мебошад, мефаҳмонанд, ки шумо бояд ноқили дуздии худро фавран аз ноқили беморхона ҷудо намуда 151 ҳазор сомони барқи дуздишударо ба манфиати беморхонаи Медгородок пардохт намоед, то мо барқи шуморо пайваст намоем. Комил дарҳол бо Умар Алиматов ҳамсӯҳбат шуда ҳолатро пурра мефаҳмонад.

Умар Алиматов ба Комил мегӯяд, ки ба кормандони горсвет гап зан, токи ин ҳолатро ба ягон нафар, хусусан роҳбари беморхонаи Медгородок хабар надиҳад ва барқро рӯшан кунанд. «Ман омада чанд суме бошад пардохт менамоям».

Онҳо барқро гирён мекунад.

Пагоҳ Комил ин кормандони идораи барқро даъват карда ба онҳо мегӯяд, ки Умар Алиматов бародарвор хоҳиш кард, ки ин корро бе овозаву дарвоза ҳал кардан даркор. Зеро агар гап ба боло, то раиси шаҳр равад, ки сабаби даҳҳо ҳазор сомонӣ қарздор шудани беморхонаи Медгородок Умар Алиматов мебошад, шояд ба ман проблемаи сахт шавад, ман беобурӯ мешавам ва мегӯяд мо ҳамаамон аз як минтақа Данғара ҳастем, бояд якдигарро дастгирӣ намоем. Хуллас, суханҳои бисёр барои ба дом афтонидани кормандони барқ мезанад. Комил мегӯяд Умар Алиматов гуфт 80 ҳазор сомониро медиҳам, чанд сомонии дигарашро ба суратҳисоби Медгородок мегузаронам ё ба роҳбари беморхона медиҳам. Хуллас, ин корро бе ягон овоза ҳал кунанд.

Ин кормандони барқ ба барқчии Умар Алиматов, ки пеш дар горсвети Душанбе кор мекард, яъне  Комил, бовар карда розӣ мешаванд ва мегӯянд, ки ҳаҷми ҷаримаро кам менамоем -60 ҳазор сомонӣ ба ҳисоби беморхонаи Медгородок мегузаронем, 20 ҳазор сомонии дигарро мо тақсим менамоем.

Баъдан Комил меравад. Як рӯз пас, рӯзи 14. 02.2025 ба ин кормандон тамос гирифта мегӯяд ба пеши Медгородок, хонаи Умар Алиматов биёед. Онҳо ба онҷо мераванд. Комил барои боз ҳам ба боварии кормандони барқ даромадан, «илтимос коре накунен, ки гап барояд, ман ба сарам ҷавоб медиҳам» гуфта аз сари 80 ҳазор сомонӣ 5 ҳазорашро мегираду 75 ҳазор сомонӣ ба онҳо медиҳад.

Ин кормандони барқ намедонистанд, ки дар доми аждаҳор афтодаанд. Чунки, дар ин лаҳзаҳо, пас аз ба мошин савор шудан, онҳоро кормандони Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон дастгир намуда рост ба бинои Прокуратураи нақлиёт мебаранд.

Ва кормандони Прокуратураи нақлиёт барои корро калон ва пурвоҳима нишон додан дарҳол рафта тамоми кабинетҳои идораи барқи ноҳияи Исмоили Сомониро муҳр зада мошинҳои ин корманди барқ ва ҳамкорашро дар прокуратура маҳкам менамоянд. Маълум шуд, ки Умар Алиматов барои ба дом афтонидани кормандони идораи барқ бо генерали Прокуратураи транспорт Музаффар Юсуфӣ, ки одами наздики вай мебошад,маслиҳат кардааст.

Наздикони ин кормадони дастгиршуда барои халосии онҳо ба тамоми нафарони наздики генерал Музаффар Юсуфӣ то ба Комил Мирзоалиеви роҳбари Рохи оҳан баромаданд, аммо корашон ҳал нашуд. Ҷавоб фақат як сухан. «Рафта дили Умар Алиматовро ёбед. Агар ман бе иҷозати вай ин корро ҳал кунам Умар метавонад ба ман проблема кунад».

Барои розигии Умар Алиматов ба тамоми шахсони наздики ӯ хусусан генерал  Суҳроб Раупов ва яке аз додарони худи Умар Содиқ одам ёфтанд. Вале сухани ягон нафарро нагирифт. Дар ҷавоб фақат мегуфтааст, ки «ин ду кӯдак бояд наказат шаванд ва бидонанд Умар Алиматов,кӣ аст!»

Мо то ин андоза боқувват будани мафияи Умар Алиматовро баъд фаҳмидем. Дуъо мекунем ба даргоҳи Аллоҳ, ки ин мафияро ба монанди мафияи Исмати Дулик шикаст диҳад.

Аз байн 3 рӯз гузашт. Онҳо дар ҷустуҷӯи «таға» буданд то дили Умар Алиматов ва Музаффар Юсуфиро ёбанд.

Умар Алиматов ва Музаффар Юсуфӣ барои шикастани бачаҳо, ё барои баланд бардоштани ставкаи сум ё намедонам барои чӣ нисбати онҳо бо моддаи 319, қисми 4- сангинтарин ҷазо- делои ҷиноӣ оғоз намуданд. Яъне дидаву дониста барои баланд бардоштани ставка ва шикастани кормандони барқ, ки моддаи зикршуда барои кормандони давлатӣ аст, на нисбати кормандони корхонаҳои тиҷоратӣ ва ҶСК -ҳо (дар поён мегӯем чи хел статяро иваз карданд). Хуллас, ҳама дар гиряву нола, ки ҳарду бача суд мешаванд. Зеро ин статия ҷарима надорад, фақат аз озодӣ маҳрум намудан аз 7то12 солро дар бар мегирад.

Музаффар Юсуфӣ, Прокурори нақлиёти Тоҷикистон аз фурсати муносиб истифода бурда барои проблема накардани роҳбарони барқи шаҳри Душанбе, ки кормандонашон ба ин кор даст задаанд, садҳо ҳазор сомонӣ пора мегирад.

Дар ҷараёни ҷустуҷӯ намудани тағо ҳама ҷо баромаданд ва розӣ буданд ба ҳар маблағе бошад ин нафарҳоро аз ИВС бароранд.

Дар ин ҳол як нафари шинос гуфт, ки ҳамсинф ва ҳамсояи ман наздиктарин шахси наздики Умар Алиматов мебошад. Вай метавонад 100 фоиз ин корро ҳал намояд. Ман бо он суҳбат кардам. Он шахс номаш Сиёвуш мебошад, ронанда ва началники охраннаи Умар Алиматов будааст.

Онҳо бо ҳамроҳи падари яке аз нафарони боздоштшуда бо Сиёвуш вомехуранд. Сиёвуш гуфт ман наздиктарин шахси Умар Алиматов мебошам. Маро ҳатто аз фарзандаш зиёд эҳтиром менамоям. Ман ин кори шуморо 100 фоиз ҳал менамоям. Гуфт: «агар акаи Умар ба Музаффар Юсуфира бга бмбр Музаффар мембра. Гап -гапи акаи Умарай. Ҳозир агар бхоҳа меброрашон».

Боз ханда карда гуфт «кадом шахсе бо акаи Умар сарбасар шава ҳамин хелшон мекна. Чанд соле, ки ма катиш кор кардаам чандин кормандони идороҳора ба воситаи Музаффар Юсуфӣ ҳамихел кардааст. (Аз ким кадом сохтмончӣ барои сохтмони мактаб, аз ким кадом судя, милиса ва чанде пеш боз кормандони барқи ким куҷо). Хуллас, ин Умар Алиматов дар ин масъала таҷрибаи калон доштааст. Дар охири суҳбаташ гуфт: «имшав бо акаи Умар маслиҳат мекунам, вай ба генерал Музаффар Юсуфӣ занг мезанад, пагоҳ ҷавобша мегӯям».

Пагоҳ омад гуфт маслиҳат хамин хел шуд, 50 ҳазор долларӣ. Дар умум 100 ҳазор долар медиҳед коратон ҳал мешавад ва аз ИВС ҷавобашон медиҳанд ва гуфт аз ин 100 ҳазор 20 ҳазор доллараш ҳақи ман аст. 80 ҳазорашро ба акаи Умар  Алиматов медиҳам. Вай худаш бо генерал ҳал мекунад.

Наздикони боздошт шуда аз вай хоҳиш карданд ин маблағи калон аст, мо аз куҷо меёбем, камтар раҳм кунанд. Вай гӯё ба ғазаб омада гуфт шумо ҳамаҷо баромадед «кортон ҳал нашид, ин кора акаи Умар ба хотири ман ҳал мекна. Набошад ҳарду бача мешинанд, хушру фигр кунен».

Дар охири суханаш гуфт, майлаш, ман шуморо мефаҳмам 10 ҳазор аз ҳақи ман кам кунед мешавад. Дигар роҳу илоҷ набуд. Дар як рӯз аз хешу таборҳо қарз намуда 45 ҳазор долларӣ, дар умум 90 ҳазор доллар ба Сиёвуш расониданд. Барои онки онҳоро аз ИВС халос кунад. Аммо боз ба доми фиреб афтоданд. Зеро аз байн ду рӯз гузашт. Бачаҳоро аз ИВС-и Прокуратураи нақлиёт ба СИЗО бурданд. Наздикони боздошт шуда ба Сиёвуш гуфтанд маслиҳат ин хел набуд.

Сиёвуш гуфт сабр кунед, ҳал мекунем. Сумҳоро гирифтанд: 30 ҳазорашро акаи Умар гирифт, 50 ҳазорашро ба генерал Музаффар Юсуфӣ дод ва боз афзуд, ки барои овоза нашудан бояд дар СИЗО як ҳафта биистанд.

Аз байн 2 ҳафта гузашт. Вале аз баровардани бачаҳо аз СИЗО ягон ном ва нишон набуд ва муфаттишони Прокуратураи нақлиёт ҳам дар рафти пурсиш мегуфтанд: «аз боло ягон супориш нашудаст».

Сиёвушро даъват намуда  ва баландравӣ карда мегӯянд, ки аз байн қариб 20 рӯз гузашт, аз кор ягон ному нишон нест, пулҳоро баргардон. Барои он бо ин қадар маблағи калон бо Шумо розӣ шудем, ки онҳоро аз ИВС бе ягон проблема бароред. Ин хел бошад мо бо адвокат ва муфаттишон сӯҳбат кардем. Ҷинояти инҳо мутобиқи дигар статия мебошад ва онҳо бо пардохти ҷарима мебароянд. «Моддаи 279» ришвадиҳии тиҷоратӣ.

Сиёвуш дар ҷавоб мегӯяд, ки Шумо ҳоло ҳам акаи Умар Алиматовро намедонед. Агар ман ин суханҳои Шуморо ба ӯ гӯям маблағҳои шуморо бар мегардонад. Аммо Шумо як чизро фаромуш накунед, ки ин ду нафар хоҳед нахоҳед мешинанд.

Баъд барои тарсонидани наздикони боздоштшуда аз Умар тавсиф намуда гуфт «акаи Умар армияи шахсии худро дорад. Ба онҳо ҳар моҳ маош медиҳад дар части 3502. Чандин ҳазор яроқ, беспилотныйи шахсӣ «паҳбодҳо». Дар ҷанги байни қирғиз ва худамон кори асосиро армияи  акаи Умар кард, на мудофиа, на МВД. Хуллас, гапи акаи Умар дар ҷумҳурӣ якум ҷо мебошад, хушру фигр кунед».

Ин нафар гуфт, ки мо дигар дар ҳайрат мондем:-« и Умар ин қадар корнамоӣ карда бошад ва ҳатто армияи шахсии худро дошта бошад, мо бо вай чи сарбасар мешавем? Ва таваккал бар Худо кардем».

Рости гап наздикони дубоздошт шуда гуфтанд чи кор карданамонро дигар намедонистем ва ба Сиёвуш гуфтем аз рӯи мардакӣ кор ҳал нашид, ту бояд 10 ҳазор доллари ҳақи худатро бар гардонӣ. Вай  гуфт ман ин пулро расход кардаам, аз куҷо ёбам. Дар охир гуфт ман бо акаи Умар боз маслиҳат мекунам, ҷавобашро мегӯям.

Сиёвуш пеш аз ҷашни Наврӯз ба мо алоқа баромада мегӯяд генерал Музаффар Юсуфӣ бо акаи Умар маслиҳат карданд. Баёноти бачаҳоро аз нав гирифта статияи онҳоро иваз мекунанд ва пас аз ҷашни Наврӯз мебароянд.

Ва Сиёвуш аз 10 ҳазори доля гирифтааш 2 ҳазор долларашро бар гардонид. 8 ҳазор доллари дигарашро гуфт талаб накунед, ман ҳам даводав кардам барои  шумо.

Хуллас, ҳамин хел ҳам шуд. Пас аз анҷоми ҷашни Наврӯз статияи онҳоро аз 319, қисми 4,ба статияи 279,қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ки моддаи реалии онҳо буд, иваз мекунанд. Ва баъд аз гузашти 58 рӯз бо ҷазои ҷарима бачаҳо аз суд хушбахтона ба озодӣ баромаданд.

Пас аз баромадан Сиёвуш назди мо омад. Гуфт условияи акаи Умар ҳамин аст ки 8 ҳазор долияи гирифтаи манро талаб намекунед. Дуюм ин ки супориш додагӣ  аст ки минбаъд ин контролёрҳо дар идораи барқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ кор намекунанд.

Дардед, ки моро барои муроҷиат ба назди Шумо овард ва бовар дорам Шуморо тамоми мақомот мешунаванд, ин аст ки мутаассифона, чунин инсонҳо дар Тоҷикистон мавҷуданд ва ҳамроҳи мову шумо зиндагӣ мекунанд ва бо вуҷуди доштани сарвату маблағи зиёд чунон, мумсик, зихна, гушначашм ва мурдаи гӯранд, ки ҳатто свети беморхонаро,ки ҳақи сағиру маризу муҳтоҷҳо аст ва ниёз ба дастгириву кӯмак дорад, ғорат мекунанд.

Ҳоло агар ин ҳолат ошкор намешуд, фикр мекунед дуздии барқи бемористонро бас мекард? Албатта не. Оне, ки устухонаш ба дуздӣ шах шудааст, то охир машғул ба дуздӣ мешавад ва агар касе сари роҳи онҳоро гирад онҳоро ҳамин хел мешикананд. Яъне шиорашон ва фалсафаву фаҳмишаш ва моҳияти зиндагиашон ҳамин аст: «медузем, кадоме сари роҳамонро гирад, шикаста нест мекунем, ғорат карда маҳкам менамоем».

Дар ин кор контролёрҳо худро бе гуноҳ намешуморанд. Онҳо ҷазояшонро диданд. Аммо санаде, ки онҳо тартиб доданду аз ҷониби Прокуратураи нақлиёт гирифта шуд, куҷо шуд? Чаро он ҷаримаро аз ҳисоби Умар Алиматов нарӯёниданду наситониданд?

Аз тамоми кормандони идораҳои дахлдор хоҳиш менамоем дар рафти кор аз ин ҳайвони даранда эҳтиёт бошанд. Зеро ин шахс, яъне Умар Алиматов бо ин кораш ҳаловат мебурдааст.

Як воқеаи дигар. Тахминан моҳҳои август бо фармони вай Сиёвуш бо ҷияни Умар Алиматов, ки номаш Алимат мебошад 3 корманди Кумитаи андозро дар рафти фаъолияти кориашон дар корхонаи Умар Алиматов мурданӣ мезананд. Ва ин се корманди Кумитаи андозро баъдан  бо мусоидати Умар Алиматов аз Кумитаи андоз пеш мекунанд.

Ман бовар дорам, ки ин суханони мо то мақомоти дахлдор, хусусан президенти кишварамон рафта мерасанд ва нисбати ин гурӯҳи ҷинояткор чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Агар зарур бошад дар мактуби баъдина наворхои дуздии барқи Умар Алиматовро ба шумо пешниҳод менамоем то шумо ба тамоми мардум онро пешниҳод намоед.

Дар охир дуъо мекунам, ки ин гурӯҳи мафияи Умар Алиматов ва генерал Музаффар Юсуфӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат ба монанди дигар гурӯҳҳои ҷинояткор ҷазои худро бикашад.

Чуноне дар боло гуфта гузаштем,ки Умар Алиматов чи гуна духтари рафиқаш Давлатшоро ба зани гирифт. Давлатшо аз Умар Алиматов чанд маротиба бо ҳаҷмҳои калон маводи мухаддир мегирад. Давлатшо маводҳоро чанд маротиба бо чанд трафик мефиристад вале ҳама борҳо мусодира мешаванду куриерон боздошт мегарданд. Албатта чун маблағ хело калон мешавад яъне хело…Умар Алиматов дар зиндон буд ва маблағашро талаб мекунад. Давлатшо дигар роҳи дигаре пайдо намекунад ҷуз инки духтари тоза синфи 11 тамом кардашро ба ақди никоҳи Умар Алиматов дар дохили зиндон медарорад. Умар Алиматов,ки барои қатли ҳамсараш дар зиндон буд ,Давлатшо фаҳмида ин корро мекунад. Дар ҳоле Умар Алиматов ва Давлатшо ҳамсол ва портнёр буданд. Албатта қиссаҳои Умар Алиматов хело зиёданд вале мегузорем онҳоро барои барномаҳои баъдӣ. Чуноне Музаффар Юсуфиро дар ҳар барнома ҷиноятҳояшро таку рӯ дорем. Ҳатман аз ин пас ҷиноятҳои Умар Алиматов ва мафияи ҷиноятпешаашро тақдим хоҳем кард.

Эзоҳи «Ислоҳ».Чанде пеш мақомот эълон карданд, ки санҷиш ошкор кардааст, ки аз ҳаҷми қарзи аҳолӣ, ки қаблан эълон мекарданд беш аз 30 фоизи он изофанаависӣ, яъне тӯҳмат будааст.

Др як навиштаи мо ин факт зикр шуда буд, ки дар соли 2017 Спитаменбонки Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва духтари вай бо як занги телефон 300 ҳазор сомонӣ қарзи барқшро нол кард.

Раҳмонов сари ҳар чанд вақт қарзи ширкати барқро списат мекунад.

Ҳамаи инҳо аз чи далолт мекунад? Аз он далолат мекунад, ки дуздони барқ нафарони одӣ нестанд. Мегӯед Раҳмонов худаш намедуздад. Чи гуна Озода медуздад? Озода дуздиро аз кӣ омӯхтаст?

Вале дар ин моҷарои боло як ҳолати ҳайратовари дигар ин ширкати Прокуратураи нақлиёт ва шахси Музаффар Юсуфӣ аст. Мо дар бораи ин генерали додситонӣ борҳо навиштаем. Дар ин қазия маъулм мешавад, ки ин Прокурор бар ивази пул ба Умар Алиматов дасти кӯмак ва пуштибонӣ дароз кардааст. Вале оё Прокурори нақлиёт ин салоҳият ва ҳуқуқро дорад, ки фаъолияти идораи барқро тафтиш кунад?

Ҳоло, мо мунтазир мемонем, ки ин қазияро Прокуратураи Генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва шахсан худи Президенти Тоҷикистон чи гуна баррасӣ ва расидагӣ мекунанд.

Пайгирии қазияро идома хоҳем дод.

Пасгуфтори «Ислоҳ»

Ин қазия танҳо дар бораи як нафар нест-ин оинаи як низом аст. Низоме, ки дар он сарват метавонад қонунро хомӯш кунад, ва робита метавонад ҳақиқатро пинҳон намояд.

Умар Алиматов, агар ҳама он чи дар боло оварда шуд, воқеият дошта бошад, савол одӣ аст:
чӣ гуна мумкин аст барқи як бемористон-маконе, ки ба дармон ниёз дорад-ба манфиати шахсӣ истифода шавад?

Қонун бояд барои ҳама яксон бошад-на барои баъзеҳо нарм ва барои дигарон сангин. Агар дар ин қазия дастҳои пуштибон вуҷуд дошта бошанд, пас масъулият низ бояд муштарак бошад. Ҳеҷ мақом, ҳеҷ унвон ва ҳеҷ дороӣ набояд болотар аз адолат қарор гирад.

Имрӯз ҷомеа на танҳо посух мехоҳад-шаффофият, тафтиш ва натиҷаи воқеӣ мехоҳад. Агар ин саволҳо бе ҷавоб монанд, паёмаш равшан аст: беҷазоӣ идома дорад.

Ва агар ҷавоб дода шаванд-ин метавонад оғози барқарории эътимод бошад.

Ба Музаффар Юсуфӣ низ саволҳои ҷиддӣ матраҳанд.
Агар воқеан мақомоти таҳти роҳбарии ӯ ба ин қазия дахолат карда бошанд, пас суоли асосӣ ин аст:

Прокуратураи нақлиёт ба чунин парванда чӣ иртибот дорад?
Оё салоҳият вуҷуд дошт, ё сухан аз истифодаи мақом барои ҳадафҳои дигар меравад?

Ин ҷо дигар масъала танҳо як қазияи ҷудогона нест-сухан дар бораи эътимоди мардум ба адолат меравад. Ҳар як қадами ғайриқонунӣ, ҳар як дахолати беасос, пояҳои давлатдориро суст мекунад.

Музаффар Юсуфӣ бояд дарк кунад:
мақом масъулият аст, на имтиёз.
Ҳар амале, ки берун аз доираи қонун сурат мегирад, на танҳо савол, балки ҷавобгариро низ ба миён меорад.

Имрӯз ҷомеа мепурсад —
на бо эҳсос, балки бо ҳақ:

Кӣ ба ту ба ин дахолат иҷозат дод? Ва бар асоси кадом қонун?

Хомӯшӣ дар чунин ҳолатҳо посух нест.
Ҷавоб бояд равшан, қонунӣ ва ошкор бошад. Медонем ту аз Худо наметарсӣ, ақалан аз ҳамон пешвоят ва писари ӯ наметарсӣ? Ё бароят мисли Умар Алиматов анҷоми ҳама ҷиноят иҷозат аст? Музаффар Юсуфӣ хуб дон ва огоҳ бош мо дар пошнаи ту шиштаем!

«Ислоҳ» ин саволҳоро боз ҳам пайгирӣ хоҳад кард. Ислоҳ пайгирии ин қазияро ҳатман идома медиҳад….

Сообщение Дуздии барқ, ришва ва ҳимоя: «Умар Алиматов ва нақши Прокурори нақлиёт» появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №357
Ин бор аз Кулоб, Левакант, Хуҷанд, Конибодом ва Ҷаббор Расулов номаҳоро бароятон омода кардаем.

Аз Кулоб як нафар собиқ ҷангандаи Фронти халқӣ, ки баъдан солҳо дар яке аз мақомоти қудратии Тоҷикистон кор карда то рутбаи полковникӣ расидааст ва ҳоло бознишаста шудааст номае фиристода даъво мекунад, ки Сӯҳроб Қосимов, яке аз фармондеҳони пешини «Фронти халқи»-ро худи Раҳмонов заҳролуд карда аз байн бурд.

Аз Левакант дар бораи баргузории рейди зидди сатр навиштаанд. Муаллиф изҳори нигаронӣ кардааст, ки мо мардуми тоҷик дигар тамоман беғайрат шудаем ва муллоҳо бошанд дигар ҳама дарборӣ шуда ба сухангӯи Раҳмонов табдил шудаанд.

Аз Конибодом боз ҳам дар бораи беспределии ГАИҳо навиштаанд. Муаллиф мегӯяд, ки аксарияти ГАИҳо дар ин ноҳия кадрҳои аз дигар маҳал ҳастанд, ки инҷо пулкоркунӣ меоянд.

Муаллифи нома аз ноҳияи Ҷаббор Расулов дар бораи сардори ШВКД-шӯъбаи корҳои дохилӣ  навиштааст, ки ба гуфтаи муаллиф аз рӯи ҳиссиёти миллатчигӣ узбекҳоро дар ин ноҳия таҳқир мекунад. Нависанда гуфтааст, ки бо омадани ин сардори милиса маъракаи зидди фолбин сар шуд ва ин маъракаро сардори милиса василаи кисапуркунӣ қарор додааст. Муаллиф, ки ба назар мерасад худ милитсионер аст боз аз як рафтори ғайримаъмулии сардори милиса гуфтааст.

Номаи Хуҷанд бисёр ҳам ташвишовар ва изтиробангез аст. Дар ин нома сухан аз мавориди зиёди ғасбҳои рейдерӣ аз тарафи домодҳои Раҳмонов меравад, ки дар шаҳри Хуҷанд, маркази шимоли кишвар, аз ҷумла ҳама бозорҳо ва тиҷоратҳоро бо зӯрӣ кашид гирифта истодаанд. Муаллифи нома, чуноне худаш мегӯяд, солҳо ба воридоти селитра, нурии маъданӣ барои соҳаи кишоварзӣ машғул будааст, ки дигар онро ҳам Фароз гирифтааст.

Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аъзои Фронти халқӣ будам ва бо хеле аз қумандонҳо ошноӣ ва шину хез доштам. Баъди ҷанг ҳам дар яке аз мақомотҳои қудратӣ кор кардаам. Ман хеле аз сиру асрори Раҳмоновро медонам. Инҷо дар бораи яке аз онҳо мегӯям.

Сабаби заҳр додан ва нобуд кардани яке аз генералҳои Фронти Халқӣ Сӯҳроб Қосимов дар чи буд ва чаро Раҳмонов генерал Сӯҳробро кушт?

Дар яке аз рузҳо генерал Сӯҳроб Қосимов ба як одами дар бараш буда, шахси бовариаш мегуяд ин Раҳмонови ҳаромӣ тамоми командирҳо ва одамҳои бо нуфузе, ки ӯро сари қудрат оварданд яке паси дигар нобуд карда истода аст. Чи чора ҷӯем, ки Раҳмонов маро хам нобуд накунад?

Шахси боваринокаш ба ӯ мегуяд:- бубин, генерал бо яке аз қумандонҳои оппозитсия, кадомеаш, ки пурзӯр ва қавӣ аст бо вай якҷо мешавем ва ӯро сарнагӯн мекунем, то ки ӯ моро нобуд накунад.

Пас, генерал Сӯҳроб ба назди Бобои Раҳмон бо лақаби Раҳмон Гитлер одами худашро равон мекунад ва мегӯяд Бобои Раҳмон  Сӯҳроб Қосимов мехоҳад бо шумо аз наздик шинос шавад ва мехоҳад бо шумо вохурад. Дар ҷавоб Бобои Раҳмон мегӯяд «меҳмон атои Худо аст, мо интизори мехмон ҳастем, марҳамат биёяд».

Баъди чанде генерал Сӯҳроб Қосимов ба дидори Бобои Раҳмон ба Тепаи самарқандӣ ба хонаи Бобои Раҳмон бо шаш мошин шабона ба меҳмонӣ омад ва дар хонаи Бобои Раҳмон шишта сӯҳбат карданд, то қариби субҳ. Генерал Сӯҳроб Қосимов аз Бобои Раҳмон миннатдорӣ кард, ки ӯро пазируфт ва меҳмон дорӣ кард. Генерал бо умеди дидор гуфт ва аз ин пас дусти байни Сӯҳроб ва Бобои Раҳмон оғоз шуд.

Сӯҳроб Қосимов бо Бобои Раҳмон то дами  маргашон дӯст буданд. Як рӯз дар части Сӯҳроб дар Қулписта бо ҳам шишта буданд.

Сӯҳроб Қосимов мегуяд ба бобои Раҳмон, ки ин ҳароми Эмомалӣ Шарипович ҳамаро аз ду тараф нобуд кард: ҳам тарафдорони худаш ва ҳам аз тарафдорони оппозитсияро. Сӯҳроб Косимов ба бобои Раҳмон мегӯяд, ки биё ҳарду якҷо шавем ва ин ҳаромиро аз байн бибарем, то ки ин ману туро ҳам нобуд накунад. Бобои Раҳмон дар ҷавоб гуфт Сӯҳробҷон ман ин гуфтаи туро бо бачаҳоям суҳбат мекунам ва ҷавоби туро медиҳам. Сӯҳроб интизори ҷавоби ту мешавам, мегӯяд.

Раҳмон  дар Тепаи самарқандӣ бо қумандонҳояш вомехурад ва мегуяд Сӯҳроб Қосимов мехоҳад якҷо шавем ва Раҳмонови ҳаромиро сарнагӯн кунем, шумо чи мегуед бачаҳо? Бачаҳо розӣ шуданд, ки бо Сӯҳроб Қосимов якҷо шаванд.   Ҳатто генерал Сӯҳроб Қосимов нақшаи сарнагӯнии Раҳмоновро ба Бобои Раҳмон дод ва гуфт нақша бикаш, ман тайёрам. Сӯҳроб Қосимов гуфт он қадар ба бобои Раҳмон бовари дорам, ки агар якҷо шавем хоки Эмомалӣ  Шариповичро мебезем

Аз ин нақшакашии ду қумандон Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов бо хабар шуд ва бар зидди инҳо нақшаи худро кашид. Як руз «сагҳо»-и бовафои Эмомалӣ Шарипович ба 9 ум километр меоянду ду солдати бобои Раҳмонро бурда мезананду мешикананд ва паси панҷара мекашанд.

Дере нагузашта бобои Раҳмон бо шербачаҳояш ба ДОК омада аз пости ДОК, ки онҷо милисаҳо буданд 9 нафарро гаравгон гирифта ба Тепаи самарқандӣ мебаранд. Дар миёни ин 9 нафар ҷияни Маҳмадсаид Убайдуллоев низ буд. Аммо бобои Раҳмон дарак надошт, ки ин нақшаи Эмомалӣ Шарипович бар зидди вай буд, токи Раҳмонро аз байн бибарад.

Дере нагузашта ба назди Бобои Раҳмон қозӣ Тураҷонзодаро равон карданд, токи Бобои Раҳмон милисаҳоро бар гардонад, то ба вай ҳамла накунанд. Дар ҷавоб бобои Раҳмон гуфт солдатҳои маро баргардонед, пас ман инҳоро раҳо мекунам   Тураҷонзода гуфт як милисаашро мегираму меравам. Бобои Раҳмон пурсид, ки чаро? Қозӣ гуфт чунки вай ҷияни Маҳмадсаид Убайдуллоев мебошад. Бобои Раҳмон он қадар мард буд, ки гуфт бигир бар ҷияни Убайдулоевро. Лекин бобои Раҳмон дарк накард, ки ин дасиса барои аз байн бурдани вай аст.

Чунонки мебинед баъдан ба Тепаи самарқандӣ бар болои бобои Раҳмон ва ҳамрзмонш ҳуҷум шуд ва ҷанги сахт дар миён омад. Бисёр ҷавонҳо ҳалок шуданд. Бобои Раҳмон ба болои Тепаи самарқандӣ баромада ба сӯйи Олучадара равон шуд. Аз пеш генерал Сӯҳроб Қосимов баромад. Бобои Раҳмон гуфт Сӯҳроб бар зидди ман ин дасиса шуд, ту маро фурӯхтӣ? Дар ҷавоб Сӯҳроб Қосимов гуфт қасам ба Худо ман ин корро накардам. Бобои Раҳмон агар бовар накунӣ маро парон дар ҳаминҷо.

Бобои Раҳмон гуфт касе Моро фурухт, паноҳат бар Худо. Пас, Сӯҳроб Қосимов гуфт аз ин роҳ бирав. Ман баъди ду соат аз пасат тир мепаронам ва Раҳмон бо ҳамроҳонаш ба тарафи Олучадара раҳсипор шуданд. Баъди ду соат Сӯҳроб Қосимов тир ба тарафи ҳаво паронданро сар кард ва ба ратсия баромада ба Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфт, ки дер кардем, Раҳмон ба тарафи Олуча дара рафта аст.

Шоҳиди ин воқеа мегуяд дар Олучадара ҷамъ омадем 73 нафар будем. Бо чархбол моро ҳамла карданд. Ҳама пароканда шудем, ба ҳар тараф, кадоме куҷое равад. Баъзе бачаҳо онҷо дар Олучадара шаҳид шуданд. Баъдан яке паси дигаре кушта шуданд. Мансур бо Исломи личакӣ, бобои Раҳмон, Сафари даҳмарда, хуллас, ҳамаро куштанд. Баъзе паси панҷара ба муддати 25 сол, баъзе ҳукми қатл гирифтанд. Писари домулло Ҷумъа, Марах ҳукми қатл гирифтанд. Худо раҳматашон кунад ин ҷавонони боғайратро.

Баъдан Сӯҳроб Қосимовро аз кор гирифтанд ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон монданд. Дертар барои Рустами писараш шуда Сӯҳробро аз ин вазифа ҳам дур кард. Ҳатто дар ҷаласаи аз коргирии генерал Сӯҳроб Рустами Эмомлӣ ӯро таҳқиру дашном ҳам мекунад. Ҳамин тавр оҳиста оҳиста ӯро аз байн бурданд.

Як наздики генерал Суҳроб ба ман гуфт, ки ӯро аз тарафи як генерали рус дар Душанбе буда, ки дар 201 дивизия кор мекард, заҳр доданд. Ба стакани коняки Сӯҳроб заҳр рехта ӯро заҳролуд карданд. Сӯҳроб шаш моҳ табобат кард. Лекин дар Русия ҷон бохт. Баъд ба Душанбе оварда ба хок супурданд. Пеш аз марг генерал Сӯҳроб Қосимов ба ҳамин нафари наздикаш гуфтааст ин ҳаромӣ корашро кард, ҳамаро аз байн бурд. Хело ба шакли вахим ҷон дод.

Левакант

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз Левакант ҳастам, кӯтоҳ менависам.

Як ду рӯз пеш дар шаҳри Сарбанд Левакант рейд баргузор шуд. Сатри занҳоро аз сарҳояшон гирифтанд. Як бародар сӯҳбат кард, гуфт бо мошин тарафи Қурған мерафтем. Дар роҳ як занро чанд нафар руймолашро аз сараш бо зӯр гирифта истода буданд. Мегӯяд, бовар кун, ҳамин қадар сарам вайрон шуд, ки гиряам омад. Барои онки аз дастам ҳеҷ кор наомад. Ҳатто дар беморхона намемонанд сатр кардан.

Хитоби  ман ба мардуми беғайрати аз дин дуршудаи тоҷик ин аст ки ин муллоҳои дарборӣ ва ин ҳукумати зидди дину зиди оину анъанаамон шуморо гумроҳ кардаанд. Ҳамин ҳоҷӣ Мирзо дар ҳаёти сараш дар бораи тавҳид сухан ва мавъиза кардагӣ нест. Агар бовар накунед дар шабакаи Ютуб худатон бинед, ку як дарс аз вай меёбед ё не?

Имрӯз, сад ҳайф, ки мардуми мо аз дин дур ва беғайрат шудааст.

Боз нав як видеоро дидам. Як торти калон кардаанду дар қафои портер монда дар шаҳр ба мардум тақсим доранд- барои 9 май. Дар ин ватан ба ғайр аз иди Рамазон ва иди Қурбон дигар ҳама идҳо қадр дорад. Кори ин тоҷик фақат дар комментҳои узбекҳо навистан: плов таджикский ё ки Бухоро ва ё Самарканд наше. О, агар ин Самарқанду Бухоро ин қадар қадр медошт дар мактаб чаро таърихи имом Бухориро дар ҳамон китобҳоятон ҷой намедиҳед, намехонед? Дар адабиёт ҳади ақал тарҷумаи ҳолашро камтар мемонданд.

Ин халқи тоҷики мо кай худшинос мешавад, кай ба худ меояд, намедонам. Ғайрату шуҷоату ҷасорат аз мо рафтааст.

Боз як наворро дидам духтару бача дар даруни шаҳр дастобадаст. Дар зери навор ягон ҷавонмард сухан накардаст. Боз ҳама хандаву ҳазл, гуё ин кори хуб аст. Бовар кунед, агар як духтару як писар дар тарафи Кавказ дастбадаст кунанд он писар то хонаашон соқу саломат намеравад. Мутаассифона дар мардуми мо тарс дар ҷои аввал меистад. Аҳсан ба мардуми Бадахшон, ки бо ғайрат ҳастанд.

Бародари азиз, имрӯз дар эфир ҳамин суханони маро хонед ва ба мардум каме бошад ҳам ба ғайрат шуданро фаҳмонед. Саломат бошед!

Хуҷанд

Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Аллоҳ ба умри шумо ва касбу коратон баракат бидиҳад. Ман аз шаҳри Хуҷанд ҳастам. Инҷо дар бораи бозорҳои шаҳр менависам, ки онҳоро аз дасти мардуми таҳҷоӣ ва бумӣ сойкелдиҳо кашида гирифтанд.

Бозори Якшанбебозор (мошинбозор) ба Асади бившый рэкет тааллуқ дошт. Вайро гуфтанд бозорро бидеҳ, аммо пули кам гуфтанд. Асад розӣ нашуд,надод.Вале ба зӯр зада гирифтанд.

Бозори Атуш, маъруф ба Атушбозорро ҳам аз дасти Рустам гирифтанд. Вале Рустами рэкет бозорро бидуни баҳсу даъвою ҷанг ва бепул дод.

Бозори Баракат, ҷойи фуруши масолеҳи сохтмонӣ-строителный буд, ки инро ҳам гирифтанд.

Сомонбозорро ҳам гирифтаанд. Дар Хуҷанд ягон бозор намонд. Ҳамаашро кашиданду бо зӯр захват карданд. Рости гап намедонам ин хабарҳо ба шумо даркор буд, чоп мекунед ё не, аммо навиштам. Чунки, ман бовар дорам, ки дар дигарҷо навиштан ва чоп кардан намешавад.

Шумо хуб медонед, ки Панҷшанбебозор, бозори овозадори Хуҷандро чанд соли пеш Ҳасан Асадуллозодаи додарзани Эмомалӣ Раҳмонов гирифта буд.

Солҳои пеш гандумро бачаҳои Хуҷанду Истаравшан ворид мекарданд. Касе мехост ворид мекарду мефурӯхт. Ҳозир бошад фурӯши гандумро «Се ганҷ» монополия карда гирифт. Ин Сеганҷ аз они Шамсулло Соҳибови домоди Эмомалӣ Раҳмонов аст.

Селитраро пештар ҳар касе мехост ворид мекард, меовард дар бозор савдо мекард. Бизнеси хуб буд. Худи ман бо ин кор мшғул будам. То ба Афғонистон мебурдам. Аммо бозори селитраро ҳам дар Хуҷанд ширкати Фароз пурра гирифт. Ширкати Фароз ба ҳамин Шамсулло Соҳибов тааллуқ дорад.

Ҳоло бе иҷозати Фароз ворид карда наметавонед. Шумо поставшики селитраро меёбед, гапзанон мекунед аммо пулро ба Фароз месупоред. Фароз дар болои он фоиз-протсенти худашро мемонд, сипас харида оварда медиҳад. Яъне ҳаминхел не за что дар бизнес қӯш мешавад ва муҳимтар аз ҳама нархро муқаррар ва контрол мекунад.

Воридоти газу бензин ҳам ҳамин тавр. Пештар касе мехост харида оварда мефурӯхт. Ҳозир лицензия талаб карда мешавад. Аммо нархи летсензия беҳад гарон. Солона аз 1млн боло. Чунки ин тиҷоратро ҳам инҳо гирифтагианд.

Заводи қанду шоколад месозам гӯед иҷозат нест. Иҷозат ҳаст, аммо иҷозатнома нархи миёншикан дорад. Чунки заводи «Амирӣ» ичозат намедиҳад. Монополия карда гирифтааст. Заводи «Амирӣ» аз они Зарифбек Давлатови домоди дигарии Эмомалӣ Раҳмонов, шӯи Тахмини Клеопатра аст. Боз ин зану шавҳар аз Русия ва Украина конфету шоколад  ворид мекунанд. Корхонаи «Амирӣ»-и онҳо барои даҳ сол аз тамоми пардохтҳои андозу гумрук озод аст.

Бинобар баъзе маълумотҳо Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз бояд то моҳи сентябр100 корхонаи молу маҳсулот ворид мекардагиро маҳкам кунад. Фирмаҳо, ҶДММҳо-соҳибкорҳоро бо ҳар баҳона аз сояи однодневка баровада ба эҳтимоли зиёд ба «Фароз», «Таҷэро» ва «Авесто груп» супоранд.

Дар ҳоле, ки Узбекистон барои соҳибкорҳо шароити бисёр хуб фароҳам карда истодааст. Барои ҳамин бисёрии соҳибкорҳо бизнесашонро ба Узбекистон гузаронида истодаанд. Чунки дар инҷо дигар тамоми соҳаҳои тиҷорату истеҳсолоти мавҷударо кашида гирифта истодаанд. Ҳатто бозорҳоро кашида гирифтанд.

Конибодом

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Умедворам хубу хуш бошед.
Бародар номамро фош накунед вале номаи маро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» чоп кунед.

Ман дар бораи як масъала гап заданиам. Дар масъалаи милиса ва ГАИҳо Дар Конибодом шумораи инҳо бисёр шуда истодааст.

Имрӯз дар назди беморхонаи Конибодом як корманди милиса, ҳамчун корманди ГАИ-БДА бе ягон сабаб як нафар ронандаи опелро омада ҳуҷҷатҳояшро тафтиш кард. Вай милиса аст на корманди ГАИ. Барои ҳамин вай чунин ҳуқуқро надорад. Вай милиса аст на коркуни ГАИ. Мошини ин милиса тамғаи мерседес ва номери қайди давлатиаш 1010, рангаш золотой. Оинаҳояш темнит кардагӣ. Мутаассифона ному насабашро намедонам. Чи тавр корманди давлатие, ки 1000-1500 сомонӣ маош мегирад шишаҳои мошинашро, ки арзиши сиёҳкунӣ дар як сол 5000 сомонӣ мекунад ва боз ӯ зану фарзанд дорад.
Ҳар рӯз ГАИҳо моро безор мекунанд. Дар шаҳр меистанд 1 нафар не, 5 нафарӣ меистанд. Барои чи кору постҳои ғайриқонунии онҳоро намебинанд ва инҳоро тафтиш намекунанд?

Як корманди ГАИ ҳаст, ки мерседеси хокистаранг дорад. Рақами давлатиаш 0046 регионаш 01, оинаҳояш сиёҳ. Агар инҳо пора нагиранд аз куҷо ҳар сол 5 ҳазор сомонӣ барои оинаи сиёҳ медиҳанд? Чаро мақомоти Душанбе инҳоро тафтиш намекунанд
Рӯзи якшанбе милисаҳо дар бозор савдогаронро савдо кардан намемонанд.

Як нафар милиса Лексуси сиёҳи аз 100 ҳазор доллар зиёд дорад. Аз кадом ҳисоб харидааст? Барои чи коррупция инҳоро тафтиш намекунад? Ин порахурҳоро бояд аз Конибодом дафъ кунанд.

Милиса ва ГАИҳо аксарияташон аз Конибодом нестанд. Яке аз онҳо Фирӯзи сиёҳ аз Ашт. Дар Конибодом хона ба иҷора гирифта мешинад.
Дар куҷост раиси КДАМ СС. Ятимов? Биё Конибодом тафтиш кун порахурҳои Конибодомро. Ҷеки Чан-вазири дохилӣ ҳам биёяд тафтиш кунад ГАИҳоро. Ин ҳаромхӯрҳо бечора таксистҳоро кор кардан намонда истодаанд.

Номаи маро дар «Номаҳо…»  чоп кунед. Ман боз менависам аз ин гуна бузу ҳаромхурҳо
Ташаккур барои хизматҳоятон бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин.

Ҷаббор Расулов

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳастам ва ба шумо маълумотҳоро вобаста ба фаъолияти ШВКД –шӯъби вазорати корҳои дохилӣ дар ин ноҳия ирсол менамоям.

Подполковники милитсия Азиззода Аваз, сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад. Азиззода аз вазифаи сардори ШВКД шаҳри Хучанд ба ин ноҳия ба кор омад. Ин шахсият як инсони ҳаром ва миллатчӣ мебошад. Аксарияти халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов узбекҳо мебошанд. Сардори шуъба, масъули ҳифзи қонун ва тартибот ин халқро рӯирост узбак гуфта таҳқир мекунад ва ошкоро мегӯяд, ки «инҳоро г..да,г..да маблағу пулашонро гирифтан даркор» ва боз дашномҳо мекунад.

Баъди ба ин вазифа таъин гаштани Азиззода Аваз мо кормандон фаҳмидем, ки Азиззода Аваз шогирди раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода-Қофлонбой дар ВКД будааст ва ба воситаи вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон ҳам ба вазифаи сардори шуъба дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ҷаббор Расулов маҳз хамин раис дастгирӣ намудааст. Аммо Азиззода Авазро муовини аввали вазир, Аламшозода Абдураҳмон (Бузмаков) шум медидааст. Баъди ба ноҳияи Ҷаббор Расулов омадани Азиззода Аваз дар як ҷамъомад дар байни ҳайати шахсӣ гуфт, ки «баъзе муовинои Вазир, худашона дарондан то ай вазифа гиран, лек бо вазифамон додан». Бачаҳо гуфтанд, ки бо ин суханҳояш Аламшозодаро дар назар доштааст. Чунки писар ё ҷияни Аламшозода, сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноӣ дар шаҳри Хуҷанд будааст, ки ӯро низ дар ҷамъомад Азиззода Аваз зикр карда буд, ки дар шаҳри Хучанд, сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ доштам, маводи «кристал»-ро мезад ва рӯзи дароз дар кабинеташ хоб буд.

Баъди ба ноҳия омадани Азиззода Аваз маъракаи густурдаи дастгир кардани фолбинҳо оғоз гашт. Вай фолбинҳоро дастгир намуда то 40-50 ҳазор сомони маблағи онҳоро гирифта, ҷаримаи мувофиқро аз руи модда таъин карда, пулҳои изофии калонро ба кисааш зад. Ин сардори шуъба ҳамин қадар гушна аст ки то ҳатто ҳамсараш ва духтаронаш ба ҷои кораш мебиёянд оилавӣ ва дар ҳуҷраи корӣ ё ягон ошхона, хурок истеъмол мекунанд, пули ошхона ва хурокро кормандони милитсия месупоранд. Рости гап ин кор як бор бошд, ду бор бошд, тоқат кардан мумкин. Аммо бовар кунед, ки аз кирдорҳои ин сардор ва аҳли оилааш мо кормандон ба дод омадаем. Чунки хурду хӯроки аҳли оилаш дар ҳудуди ноҳия, харидан ва ирсол намудан ба хонааш ва маводи сӯзишворӣ то автомашинаҳои оилааш ба дӯши мо кормандони милитсия афтидааст. Мо ҳам ба ҷони таксистҳо расонидаем

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода -Қофлонбой ба Азиззода Аваз супориш медиҳад, ки нисбати Олимбек раиси ноҳия маълумот ҷамъ кунад ва Аваз супориши ӯро бе чуну чаро иҷро намуда маълумотҳои даркориро ба раиси вилояти Суғд пешниҳод менамояд.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №357 появились сначала на ISLOH.net.

Абрҳои сиёҳи болои сари М.Убайдуллоев,
Раҳмонов Ӯро пеши Зайд Саид ё Ғаффор Седой мефиристад?

Чанде пеш Раҳмонов бо як амри худ  Убайдуллоҳ Амирҷон Маҳмадсаидро аз мақомаш барканор кард. Амирҷон Маҳмадсаид, писари Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ шаҳрдори Душанбе ва раиси парлумони кишвар мебошад. Маълум нест, ки ӯро ба ягон масъулиятҳои давлатӣ мансуб хоҳад кард ё не, аммо манобеъ мегуянд ҳамин чанд рӯзи оянда писари дигари Убайдуллоев Ҷамолиддин Убайдуллоев, ки феълан сафири Тоҷикистон дар Фаронса аст низ аз кор барканор хоҳад шуд. Дар бораи нақшу мақоми Маҳмадсаид Убайдуллоев дар таҳким ва бақои курсӣ ва  ҳукумати Раҳмонов метавон ҷилд-ҷилд китоб навишт. Ҳамин Убайдуллоеву Достиеву Ҳаёеву Мирзошоеву Талбак Назарову Сафар Сафаров буданд, ки ин Эдики колхозникро давлатдорӣ омухтанд. Аммо аз ҳамаи инҳо бештар ва зиёдтар маҳз Убайдуллоев буд, ки пояҳои давлатдории Раҳмонов мустаҳкам гардид. Вагарна ҳар сари чанд вақт яке Ғаффр Седой даромада латту кубу к…кашаш мекард, яке Ёқуб медаромаду аз кашталаш мегирифт, Суҳробу Қурбони Чолу Хуҷа-кмандиру Маҳмуд Худойбердию дигару дигар қумандонҳои сарвайрон писандаш намекарданд ва ин ҳама заҳамоти Убайдуллоев буд. Бар алайҳи Убайдуллоев ҳануз дар давраи Шерхон Салимзода парванда дуруст карда буданд ва  ҳатто раиси Маҷлиси миллиро Фаттоҳ Саид чанд навбат ба бозпурсӣ даъват ҳам карда буд, ки албатта бо дастури худи Раҳмонов сурат гирифта буданд. Хабарҳое расида истодааст, ки ин парвандаро вориди «истеҳсолот» карданианд ва эҳтимол дорад, ки Убайдуллоев боздошт шавад. Гуё Путин мехоста бошад, ки Убайдуллоевро дар ҷойи Раҳмонов оварад. Матлабе тақдим мегардад дар охир аз шахсият ва мақоми ӯ огоҳ мегардед!

Маҳз Убайдуллоев Маҳмадсаид соли 1992 ба Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович муҳофизи рақами яки ӯ- Саидов Муродро (Мурод Саидов — он вақтҳо дар ҳайати кормандони охранаи бинои ҳукумати вилояти Кулоб ва дар ОГСО ҳамчун милисаи қаторӣ кор мекард ва писархолаи Убайдуллоев ба ҳисоб меравад) яъне хеши наздики худро шинос кард. Ва ӯро ҳамчун муҳофиз аз ҳамон солҳо муаррифӣ карда барои ҳимояи Раҳмонов Э.Ш гузошта буд. Солҳои 1992-1994 Убайдуллоев муовини раиси Шурои Вазирони Тоҷикистон буд ва назорати фаъолияти  мақомоти қудратиро бар уҳда дошт.

Солҳои 1994 -1996 Убайдуллоев Маҳмадсаид муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон таъин шуд. Аммо дере нагузашта Маҳмуд Худойбердиев ва Хуҷа-командир ба қарори Президент зид баромада дар назди бинои вилояти Хатлон митинги калон ташкил карда Убайдуллоевро нагузоштанд, ки дар ин вазифа кор кунад. Аз ин вазифа ӯро гирифтанду аз соли 1996 то 2017 раиси шаҳри Душанбе ва аз соли 2000 баъди имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ва таъсиси маҷлиси дупалатаӣ раиси Маҷлиси Миллӣ-палатаи болоии он интихоб шуд.
Авҷи иқтидор ва нуфузи сиёсии Убайдуллоев ба солҳои 2000 рост меояд. Вай дар  дар қиёс бо Раҳмонов сиёсатмадори босавод ва болотар аз вай ба ҳисоб мерафт ва овозаҳои зиёд паҳн шуда буд, ки М. Убайдуллоев  ба қариби Президент интихоб хоҳад шуд ва он солҳо обрую эътибори ӯ аз Раҳмонов бениҳоят баландтар шуда буд. Барои ҳамин Раҳмонов ба ӯ рашку ҳасад мебурду ӯро дарунӣ сахт бад медид. Аз ҳамин сабаб Президент Раҳмонов ба қумандони қисми ҳарбии 3502 генерал Суҳроб Қосимови данғарагӣ супориши махфӣ дода гуфт: «срочна и бинира, ин зоғи сиёҳа убрат кардан даркорай!! Ма тиха Саъдӣ -командира фарёд карда гуфтумша, ки Убайдуллоева срочна убрать кардан даркорай, неке Саъдӣ гуфт ма ихели номардира намекунум, сарут задагиай. Ҳами мардак (Убайдуллоев М )чи хеле боша кора туда ёд дод. Ҳамаи командирои кулобира:- Лангариевора, Қурбони Чола, Ғаффор Седойя, Султони Чола,  Саидшора ҳамаи ҳаминора ҷамъ карда таъкид кард,ки Раҳмонов Эмомалида чақа нашавен ба хотири ма гуфта дар шоҳидии ма дасгирит кард. Имрӯз боша бо мора мегуй ира убрать кунем? Не гуфт Саъдӣ- командир. Баъд Саъдида гуфтум, ма шухӣ кадум, ма санҷидум ку Убайдуллоева ягон кор карданӣ бошан ё не гуфтумша, вай бромад рафт. Ма медонум, ки Маҳмадсаид  Убайдулоева худут сахт бад мебинӣ, ҳамира ташкил кун, мошинушда бмонен ягон чи. Ма куҷо рафтану омадани Убайдулоева Шумода хабар додан мегирум гуфта Раҳмонов маслиҳати убрат кардани соперники худро кашида супориши қатьӣ медиҳад ба генерал Суҳроб Қосимов».

Маҳз дар ҳамон соли 2000 дар қарибии беморхонаи Қараболо мошини Ҷипи шевролети бронировании раиси шаҳри Душанбе, ки бо ҳамроҳии муовини КДАМ мерафтанд мунфаҷир шуд. Тамоман тасодуфан ин генерали амният дар ҷойи Маҳмадсаид  Убайдуллоев менишинаду мошин ба ҳаракат медарояд ва дар назди беморхонаи Қараболои шаҳри Душанбе таркиши сахт ба вуҷуд омад. Муовини вазири амният кушта шуду Убайдуллоев бошад бо осеби сар ба беморхона афтида баъди табобат боз ба кор баромад. Баъди ин ҳодиса Убайдуллаев бар муқобили командирҳо муборизаи беамон роҳ андохт ва супориши қатъӣ дод, ки тамоми боевикҳои Фронти халқиро халъи силох кунанд. Бо роҳбарии вазири он вақтаи дохила Ҳумидин Шарипов, сардори УВДи Душанбе Изатулло Шарипов бо лақаби ЗОРО ва сардори УБОП-и ВКД Бахтиёр Лангариев рейдҳои шабонарузӣ гузаронда тамоми боевикҳову солдатҳои Фронти халқӣ аз ҷумла баъзе командирҳои Суҳроб Қосимовро разоружать ва аксарияти онҳоро зиндонӣ кард. Гуё Убайдуллоев пай бурд, ки ӯро имменно данғарагихо убрать карданианд, аммо сирро бой надода ҳамаро халъи силоҳ мекарду обрую эътибораш боз болотар мерафт.
Дар як видео падари Лангариевҳо дар Кулоб Раҳмоновро таъриф мекунад. Вақте Суҳроб Лангариевро маҳкам карданд Бобои Салмон чандин бор пеши Президент рафт. Ин дар солҳои 2008 ва 2009 буд. То мурданаш Раҳмонов бобои Салмон-падари Лангариевҳои кулобиро қабул накард. Ҳамин тавр бобои Салмон мурду рафт. Як бачааш Лангарӣ Лангариевро дар Норак бачаҳои Сангак Сафаров бо гранатомёт заданд. Мегуянд, ки  «случайна, хаёли вовчико карда заданд». Лангарӣ ярадор шуду баъд мурд. Ин бачааш, ки хурдиаш буд-Салмонро, гуё,ки переворот мекарда бошад гуфта «пожизнений» доданд. Суҳроби Лангариев, ки домоди Сангак Сафаров мебошад то ҳозира дар зиндон аст.
Дигар аз ҳамон солҳо Рахмонов дар фикри чи тавр аз Убайдуллоев халос шудан буд ва ҳар дақиқа фикр мекард. Бо супориши махфии Раҳмонов соли 2008 бо ташкили як таркиш (ин таркишро сардори УВД- и Душанбе Фаттоҳ Саидови раққоса ва сардори КДАМ-и Душанбе Абдулазиз Ҷалов бо лақаби Кучкар) ташкил карда буданд барои сиёҳ кардани вазири дохилӣ Салихов Маҳмадназар ва раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев. Раҳмонов ҷаласаи махсуси Шурои Амниятро баргузор карда маҳз Салихов Маҳмадназар ва Убайдуллоевро хезонда ҷангу ҷанҷол ва таҳдид карда буд. Аммо ҷуръати озод кардани Убайдулоевро накард, чунки ӯ хело бақувват буд.

Салихов Маҳмадназарро аз мақоми вазири дохилӣ озод кард (барои овозаҳои бо Азизмоҳи занаш муносибатҳои танготанг доштан).

Раҳмонов бисёр мехост ақалан як вазифаи Убайдуллоевро дар ҳамин ҷаласаи фаврӣ бигирад, аммо боз ҳам нашуд.
Дар соли 2013 бо супориши шахсии Раҳмонов ва хоҳиши Рустами Эмомалӣ (барои қасд гирифтан аз Зайд Саидов, ки бо як зане,ки дар тими тенис буд ва бо ӯ якчоя дар Париж буданд ҳамчун варзишгар) Зайдро дастгир карданд. Ин рашки бе асос ва комилан ғалат Рустам сахт ба ғазаб омада ба Фаттоҳ Саидов сардори Агентии мубориза бо коррупсия супориш медиҳад. Собиқ  вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов,раиси ҳизби ҳоло сабтиномнашудаи «Тоҷикистони нав»  баъди аз Франция баргаштанаш дар аэропорти  Душанбе аз тарафти кормандони Агентии коррупсия дастгир гардид ва тамоми фаъолияти кории ӯро таҳти тафтиши сахт қарор дода буданду инчунин баъзе миш -мишу овозаҳо ҳам буд, ки бо ин парванда бояд раиси Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллӣ Убайдуллоев низ ҳамроҳ карда шавад ва бо як тир ду нишонро ба ҳадаф гирифта буданд. Гарчанде Раҳмонов нақшаро кашида буд, боз ин навбат ҳам ҷуръат накард. Дар Агентии коррупсия Фаттоҳ Саидов бо ҳилаву найрангҳо Зайд Саидовро таҳти таҳдиду фишор ва ҳатто шантаж карда маҷбур сохтааст, ки «агар нисбати Убайдуллоев показаний бидиҳӣ, ки гуё Убайдуллоев барои иҷозати сохтмони бинои 20 этажаи назди телевизиони «Сафина» 3 000 000 (се милион доллар) тамаъҷуӣ карда ҳамчун пора ин маблағро аз ту гирифтааст, баъди ин ариза мо туро под подписка ҷавоб медиҳем, ин супориши Ҷаноби Олӣ аст, аз зиндон озод мекунем туро» мегуяд.

Аммо Зайд Саидов ба ин туҳмат ва ба ин шантажҳо розӣ намешаваду мегуяд, ки ман нисбати Убайдуллоев ягон показаний ё ариза наменависам ва чунин маблағро хам ба ӯ надодаам. Барои ҳамин Фаттоҳ Саидов аз қаҳру ғазаб ба воситаи як панҷакентии бузи мақомот бо номи Раҳмони рашнагӣ (Ин Раҳмони рашнагӣ, қочоқчии маводди мухаддир, боҷаи Қодир Каҷалаеви ронандаи президент Раҳмонов) як зани проститукаро сум дода бо ӯ аризаеро ташкил карданд ки гуё  Зайд Саидов, ки инвалид асту як даст надорад ӯро таҷовуз карда бошад. Ва боз гуё Зайд духтари ин занро ҳам, ки ноболиғ аст таҷовуз кардааст.

Дар асл Зайд Саидов ин ҷиноятро содир накарда буд ва сабаби асосии моддаи 138 (таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ) задан ба ӯ ҳамкорӣ накардани вай бо Агентии коррупсия ба муқобили Маҳмадсаид Убайдуллоев буд.

Охирҳои моҳи августи соли 1995 вазъияти вилояти Хатлон бисёр вазнин буд. Аз ҷумла командири Фронти Халқӣ, части назди домбитаи «Саодат»-и Қурғонтеппа полковник Маҳмуд Худойбердиев ба Эмомалӣ Раҳмонов нобоварӣ эълон карда қасди бо таври зурӣ -военний переворот карданро ошкоро баён ва талаб кард, ки Раҳмонов Э Ш фавран ба части ӯ биёяду бо Маҳмуд Худойбердиев вохурӣ гузаронаду суҳбат кунад. Раҳмонов аз тарс дар кабинеташ дар даруни шкаф пинҳон шуда ба мисли харгуш дарақ дарақ меларзиду Саъдӣ- командири сангтудагиро илтимос карда мегуфт, ки «Саъдиҷон мо кати худут хешу таборем к…ракта бухурум мара тоқа намонен и узбаки Маҳмуд Герой мара убрат мекуна. Охир брен кати Ёқубҷон Салимов успакоит кунен Махмуда, илтимос Саъдиҷон». Яке боз вазири дохилӣ Ёқубҷон Салимовро илтимос карда мегуфт «Ёқубҷон, илтимос, гапи худут мегзара Маҳмудда. Брен ҳамура илтимос успакоит кунен, ӯ қасам хурдай. Миёя мара ай вазифа мегира, ма чико мекунум! Ма як бачаи камбағали худтонум, ма барои Шумо ҷонма метиюм. Ке..та бгардум Ёқубҷон худут мада раднойи, мара напартоен, илтимос» гуфта гиря карда чашмонаш пури об шуда, на коленний истода почаҳои Ёқубро буса мекарду, ба зону мезад.

Аз ҳамин сабаб Саъдӣ- командир ва Ёқуб Салимов бо гуруҳҳои худ Убайдуллоевро, ки муовини Сарвазир, куратори мақомоти қудратӣ буд, ҳамроҳӣ карда ба части Маҳмуд Худойбердиев омаданд ва шахсан Маҳмадсаид Убайдуллоев ба назди командири част полковник Маҳмуд Худойбердиев даромада гуфтушунид гузаронида бо ин командир масъалаи сафарбар накардани неруҳояш ба Душанберо ҳал карда буд. Ҳатто Маҳмуд Худойбердиев ба Убайдуллоев гуфта буд, ки «ба ман Президентатон Раҳмонов Эдик даркор аст. Ман Шуморо даъват кардагӣ нестум, куҷодай и петухи пиёнискаи Раҳмонов Эдик. Агар меомад ай ису мурдаша мебурдед» гуфта бо ғазаб ба Маҳмадсаид  Убайдуллоев суханҳои сахт зада буд. Аммо Убайдуллоев натарсида омада бо Маҳмуд Худойбердиев гуфтушунид карда ҷони Раҳмоновро наҷот дод.
Вақте ки Зайд Саидов ба шантажҳои Фаттоҳ Саидов, собиқ директори Агентии коррупсия розӣ нашуда нисбати раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид  Убайдуллоев баёноту показаний надод Фаттоҳ Саидов, ки аз Раҳмонов .Э супориши махфӣ барои ба ин парвандаи Зайд Саидов ҳамроҳ кардани Маҳмадсаид  Убайдуллоев гирифта буд, ба сардори раёсати тафтишот Холмуродзода Фируз (масажисташ ) ва ба сардори Сарраёсати оперативии Агентӣ Гулмаҳмадзода Ҷамшед Санг (Сангов Ҷамшед Гулаҳмадович бо лақаби каргаси фунгӣ) ва инчунин ба сардори раёсати андозу гумрук дар Агентии коррупсия Рустамов Алихони наркобарони московскигӣ (бо лақаби қашқалдок) Маҳмадсаид Убайдулоевро любой ценой даъват кунед ба идораи коррупсия биёред: «ма худум допросуш мекунум» гуфта Фаттоҳ Саидов супориши қатъӣ дода буд. Аз ин ру ин бесаводон ва беақлони Агентии коррупсия чандин бор ӯро даъват карда буданд. Аз сабаби он ки то зиндонӣ кардани Зайд Саидов барои худнамойӣ Фаттоҳ Саидов бисёр одамони влиятельнийро бегуноҳ маҳкам карда буд, аз ҷумла Файзулло Бобохонов, прокурори Ҳисор, ки писари Генпрокурори пешин Бобохонов Бобоҷон буд ва низ бародари генерал Мансурҷон Умаров, муовини аввали КДАМ ва даҳҳо прокурору милисаю судяҳоро ва гумрукчиёну кормандони амнияту  налогу погранвойску тамоми мақомоти қудратиро бо истифода аз номи Президент Рахмонов супориш аз боло гуфта бегуноҳ одамонро бо доштани хусумати шахсӣ, ғараз, ҳасадбарӣ, бахилӣ ва қасдгирӣ бегуноҳ зиндонӣ карда буд. Барои ҳамин худро «король джунгли» ҳисоб мекарду «Убайдуллоевро ҳам мешканум» мегуфтааст.
Дар яке рӯзҳои корӣ баъди обед, қариби тамомшавии кор Маҳмадсаид  Убайдуллоев бо ҳамроҳии зиёда аз даҳ журналист ва охранаҳояш ба бинои Агентии коррупсияи қафои Диагностика 46 мкр рафта ба актовый зали Агентии коррупсия медарояд. Кали Фаттоҳ Саидов давида омада мехост бо Маҳмадсаид  Убайдулоев салом кунад. Аммо раиси шаҳр бо ӯ салом накарда гуфт: «биги дастои ҳаромта кати ту баъд гап мезанум, марҳамат камераҳотонро гирён кунеду саволҳоро ба ман диҳед. Сардори раёсати тафтишот кӣ аст?»

Сардори Раёсати тафтишот Фируз Холмуродзода ларзида даҳонаш гапро намегирифту «ду савол доштем раис», гуфта як варақро, ки ду савол дар компютер чоп карда шуда буд ба Убайдулоев пешниҳод кард. Убайдуллоев варақро гирифта бо овози баланд саволи якумро хонд:

Сохтумони Душанбе –плаза, ки айбдоршаванда Зайд Саидов сохта буд, комиссияи қабули онро кӣ роҳбарӣ мекард ва ба имзои кӣ тасдиқ шуда аст?

Убайдуллоев саволи якумро хонду сразу ҷавоб дод: «Сохтумони Душанбе -Плаза бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон ва супориши бевоситаи Президент сохта шудааст ва дар асоси хулосаҳои Счетний палата ва Прокурори генералӣ, ки ягон камбудии пулию молӣ ошкор нашуда буд, аз тарафи раиси Ҳукумат, Президенти Тоҷикистон Раҳмонов имзо ва тасдиқ шудааст. (аз сумкааш чанд варақҳоро бо имзои Президент Раҳмонов пешниход кард)

Саволи дуюм: бо айбдоршаванда Зайд Саидов чи муносибат доред, кай ва куҷо шинос шуда будед?

Ин саволро хонда Убайдуллоев табассум карда гуфт: «эээ ҳаромое, мақсади нопоку ҳаром доред Шумо бесаводо. Бо ҷаноби Зайд Саидов ягон муносибати пулӣ ва молӣ накардаам. Манро бо Зайд Саидов шахсан Президенти Тоҷикистон Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович шинос карда буд. Вақте ӯро вазири саноати Тоҷикистон таъин карда буд ягона вазири босавод, боимон, бовиҷдон ва преданний ба миллати тоҷик маҳз Зайд Саидовро дида будам. Метавонед Президент Раҳмоновро даъват кунед, суханҳои манро сад дар сад тасдиқ мекунад».

Боз савол ҳаст? гуфта ба кормандони Агентӣ  Маҳмадсаид  Убайдуллоев савол кард.

Ҳамаи кормандони Агентии коррупсия калаҳояшонро ба таги стул пинҳон карда ба чашмони Маҳмадсаид  Убайдуллоев ҳатто нигоҳ намекарданду бо калаҷумбонӣ гуфтанд, ки дигар савол надорем. Ҳамин вақт Маҳмадсаид  Убайдуллоев ба журналистон муроҷиат карду гуфт камераҳоятонро кушед, дигар запс накунед. Куштед? Ҳама журналистон ҳо гуфтанду камераҳояшонро хамонданд. Баъд Убайдуллоев бошаст ба назди Фаттоҳ Саидов наздик шуду чилики дасташро ба пешонии Фаттоҳ Саидов наздик карда гуфт: «Эээ к..изани ҳаромии ку..те! За..та ме..ом, авлодта ме..ом, фаҳмидӣ? Ба як касе чақа бша, ки ке..уш дар ку..ут бғунҷа фаҳмидӣ? Эээ ку..теи раққосса! Ҳаму заказчикота ва ҳаму режисоротам ме..ом, брасоншон, эээ петух! Инами ке…ма аз куҷоеш мефорат бхурен! Ҳамата мераса! Очата ме..ом, занта ме..ом, фаҳмидӣ, гуфту рафтем гуфту бо табассум ба журналистон ишора кард, ки «и гапои охирон барои запс набуд, фаромуш кунен и гапора», тез -тез роҳ мегашт.

Ҳамин тавр пресс конференция ва допроси Маҳмадсаид Убайдуллоев  ба охир расид. Кали Фаттоҳ бошад дар актовый зали коррупсия бо дасти росташ дилашро қапида актрисагӣ карда «об бтен» мегуфту суп сурх шуда дар кресло менишаст. Дигар шогирдонаш Ҷамшеди Фунгӣ «об биёрен тез шефда» гуфта дод мезаду гаврикои Фаттоҳ Саидов болои сари ӯ чарх зада ба вай тасаллӣ медоданд: «ҳамаш мегзара шеф, зиқ нашавен хуб мешава» гуфта суханҳои тасаллоомез ба кали Фаттоҳ мегуфтанд.
Баъди ин ҳама нокомиҳо 12 январи соли 2017 бо як фармон Раҳмонов неожиданно Маҳмадсаид  Убайдуллоевро аз вазифа озод карда ба чойи ӯ писари худ-Рустами Эмомалиро таъин кард. Ҳатто барои представлят кардани Рустами Эмомалӣ ва бо обуру гусел кардани Убайдуллоев худаш наомаду сарвазир Қоҳир Расулзодаро равон кард.

Ва бо ин кораш мехост ишорат кунад, ки ӯ дигар Президент нест, ӯ “Пешвои Миллат” аст ва у дигар рафиқи пешинаи Маҳмадсаид  Убайдуллоев ҳам нест ва охир ба мақсади нопокаш расидааст ва аз шодиву хурсандӣ чанд шиша арақро нушида маст шуда рақс мекард. Аммо дар ин маҷлис агар аҳамият дода бошед Убайдуллоев бисёр ғамгин ва зиқ буду хиҷолатзада менамуд.
Раҳмонов ҳамчун инсон бисёр шахси кинагир, қасдгир, ҳилагар, дарундори занакмиҷоз аст (гоҳо қаҳр мекунаду гоҳо ноз мекунад, ба мисли арусҳо). Баъди аз вазифаи раиси Душанбе озод кардани Убайдуллоев як моҳ пас, нимаи моҳи феврали соли 2017 маҷлиси пешакӣ тарҳрезишудаеро ташкил ва зиёиёну мақомоти қудратиро дар Кохи Борбад ҷамъ карду Рустами Эмомалиро реклама карда тавассути шабакаҳои телевизионӣ ба намоиш гузошт.

Ба тавре ба ӯ насиҳат ҳам кард: «Ту гушна нестӣ… ва ғайраю ғайра гуфт.» Аммо ба ин ҷаласа махсус раиси Маҷлиси Миллӣ Маҳмадсаид  Убайдуллоевро даъват накард. Чунки аллакай бо кофтани таги пойи Маҳмадсаид  Убайдуллоев сар кард. Ёдатон бошад, ки хабарҳо нашр шуданд, ки Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки фаъолияти молиявии шаҳрдориро мақомот тафтиш кунад. Ба дари утоқҳои кории шаҳрдорӣ муҳр заданд.

Чи хеле ки дар боло гуфтем Раҳмонов бисёр шахси кинатуз, дарундор, қасдгир ва злопамятний аст. Ба мисли манякҳо то агар шахсро то охир задазада баъди афтодан ҳам кушта хуни уро намакад, дилаш ором намегирад.

Барои ҳамин дар ҳамин маҷлис ин бор ошкоро ба мақомоти қудратӣ супориш дод ки масъалаи сохтмонҳои Душанбе Плазаи Зайд Саидовро (дар вақти раисии Убайдуллоев сохта шуда буд), сохтмони беморхонаи Истиқлолро (дар вақти роҳбарии Убайдуллоев сохта шуда буд) ва сохтумонҳои ширкати  «Манзили дастрас»-ро(қудои Убайдуллоев — Сулаймонов месохт) мавриди санҷиши қатъӣ қарор дода диҳанд. Супориш дод, ки ҳатман гуноҳҳои Убайдуллоевро ёбанд.

Барои ҳамин Маҳмадсаид  Убайдулоевро ба ин маҷлис даъват накарда буд. Чунки Раҳмонов  дар ру ба руи мардҳо ба чашмони мард нигоҳ карда супориш дода наметавонад, ҷуръати чунин корро надорад. Вай ба мисли арусҳо аз таги чодар ва ё пинҳонӣ дар набудани шахс дар публика баромад карда чунин супоришҳо медиҳад. Баъди ин маҷлис моҳи марти соли 2017 Агентии коррупсия ин бор директораш Султонзода Сулаймон ҷияни Матлубхон Давлатов, тағойии Убайдулоевро даъват карда мавриди пурсишу допрос қарор доданд. Баъди ин ҳама фишорҳо Маҳмадсаид  Убайдуллоев ба Маскав рафту чанд ҳафта наомад ба Тоҷикистон.   Раҳмонов беқарор шуд, сахт тарсид. Чунки Путин ба ӯ занг зада барои дастгирӣ ва дифоъ кардан аз Маҳмадсаид  Убайдуллоев ба таври дурушт ва таҳдидомез бо телефон суҳбат намуда буд. То ба шакли пеш рафтани Маҳмадсаид  Убайдуллоевро Раҳмонов пешгуйӣ накарда буду хавфи барбод рафтани нақшаҳои ба ҷойи худаш овардани Рустами Эмомалиро эҳсос карду филфавр саросема ба Маҳмадсаид  Убайдуллоев занг зада, гуё аз ин таҳдиду фишорҳои коррупсия нав хабардор шуда бошад, бо ӯ суҳбат кард. Ба ӯ ва ба Путин гарантия дод, ки бигзор баргардад, тамоми парванда қатъ карда шудааст ва ба Маҳмадсаид  Убайдуллоев ва хешу табору писаронаш ягон мақомот тахдид ва ё фишор намеоваранд гуфта зораю тавалло карда боз Маҳмадсаид  Убайдулоевро ба Тоҷикистон баргардонид. Ҳатто баъди ин ба писарони Маҳмадсаид  Убайдуллоев -Ҷамолиддин ва Амирҷон вазифаҳо дод.

Моҳи марти соли 2020 раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдулоев аз вазифаи охиринаш барканор шуда ба ҷойяш Рустами Эмомалӣ таъин шуд. Муддати чор сол аст ки Маҳмадсаид  Убайдуллоев дар нафақа мебошад. Баъди аз мансаби раиси шаҳри Душанбе барканор шуданаш писар амакаш Маҳмудов Саидҳомид, ки дар вазифаи сардори МБТИ Душанбе кору фаъолият мекард Рустами Эмомалӣ аввалин фармоне буд содир кард ин аз вазифа барканор кардани Маҳмудов Садҳомид буд. Инчунин ҷиян ё писарамакаш полковники милиса Маҳмудов Шамсулло, ки солҳои дароз дар мақомоти милиса: сардори милисаи ноҳияи Сино, сардори милисаи Панҷ, сардори милисаи Фархор адои вазифа мекард аз вазифа озод карда шуд. 14 майи соли 2024 бо як амри Раҳмонов писари хурдии Маҳмадсаид Убайдуллоев -Амирҷони Убайдулло, ки то имрӯз дар вазифаи мушовири калони Президент оид ба бахши иқтисодӣ фаъолият мекард аз вазифа барканор шуд.

Баъди ин собиқ сардори Раёсати Хадамоти Гумрук дар Душанбе полковники Хадамоти Гумрук Нурмаҳмад Ғаниеви 62 сола, зодаи ноҳияи Темурмалик (Советский бо лақаби Чермен) солҳои 2000- 2004 ва дар гузашта сардори Раёсати Хадамоти Гумрук дар вилояти Суғд фаъолият мекард, баъдан ба Хадамоти муҳоҷират ба кор даромада ва айни замон сардори Раёсати ревизионии Палатаи ҳисоби Тоҷикистон шуда кор мекард наздиктарин шахс ба оила ва Убайдулоев ба ҳисоб мерафт чанд рӯз пеш аз тарафи Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо ҷурми гирифтани маблағи махсусан калон (зиёда аз 300 000 доллари ИМА ) гумонбар дониста ин мансабдорро дастгир карда ба ҳабс гирифта хонаашро, ки дар маҳаллаи Калинини Душанбе воқеъ мебошад мавриди кофтукоби шадид қарор додаанду баъди гирифтани телефони дастиаш полковник Ғаниев Нурмаҳмадро кофта кормандони Агентии коррупсия дидаанд, ки ӯ бо Убайдулоев ва бо раиси КДАМи Тоҷикистон якҷоя сурат доштааст. Кормандони Агентии коррупсия ба полковники гумрук Ғаниев Нурмаҳмад (Чермен) руирост гуфтаанд, ки «эҳҳее бо ту кати хоинои миллат, душмани Ҷаноби Олӣ (яъне сурати Убайдуллоевро дар назар доштанд) акс доштай ку? Эҳҳее бо кати и муғули чашмтанги Ятимови «хоини миллат душмани Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрухи бачахони Ҷаноби Олӣ сурат доштай ку? Дига аку пожизненый срок мегирӣ, да  турма мепусӣ, и хонаю дарут, мошинои пачката мо ай худ карда конфискавать мекунем, и крышаҳота и БИНИра кати муғули чашмтанги хешот миёрем дар барут мешнонем !! Супориши Ҷанобай! Фаҳмидӣ лақай?» гуфта ин полковники гумрукро сахт шиканҷа ва маҷбур карда истодаанд, ки нисбати Убайдулоев Маҳмасаид ва нисбати раиси КДАМ СС Ятимов показаний ва шоҳидӣ диҳад!

Сабаби асосии дастгир кардани полковники гумрук маблағҳои калони гумшудаи вазорати дифои Тоҷикистон мебошад, ки маҳз кормандони КДАМ ошкор карда парвандаи ҷиноятиро нисбати муовинони Агентии захираҳои давлатӣ, ки раисаш Зайнулло Соҳибов (бо лақаби Зайчик) ҷияни Зоир Соҳибови домоди якуми Президент оғоз карда буданду ин парвандаи ҷиноятиро, ки характери коррупсионӣ дошт барои бурдани тафтишот ба Агентии коррупсия равон карда буданд аммо шогирдони Зайчикро бо ҷазои ҷарима аз СИЗО озод карданду акнун тафтишот идома дорад.
Раҳмонов ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ кас вафодор намондааст. Агар корномаи вайро варақ занед мебинед, ки ҳамеша нисбати тамоми инсонхо хиёнат, номардӣ, подстава, қасдгирӣ, разилӣ ва шантажу туҳматро истифода бурдааст. Мисолҳои мушаххас Сангаку Файзалӣ, Лангарию Ёқубу Саъдӣ- командир, Ғаффор Седой, Қурбони Чолу Хуҷа-командир, Маҳмадрузӣ Искандаров, Мирзо Зиёев (Ҷага) ҳоҷӣ Ҳалиму   Маҳмадбоқири бадахшонию Зайд Саидову Раҷабалӣ Одинаев-Умед-88, Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Алӣ бедакиву ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода. Яъне ба ҳазорон инсон Раҳмонов хиёнат карда аст ва то ба ҳол хиёнаткориашро идома дода истодааст. Нисбати Убайдуллоев ва писарони ӯ ҳам ин номардӣ ва хиёнаташро мекунад ва нақшаи аз вазифа барканор кардани писари калонии Маҳмадсаид  Убайдуллоев-сафири Тоҷткистон дар Фаронса Ҷамолиддин Убайдуллоевро ҳам дар сар дорад. Ҳоло вақт нишон медиҳад. Мебинед, ки боз чи хиёнатҳо ва боз чи номардиҳои дигарро Раҳмонов   карданӣ аст.

Бо эҳтиром подполковники амният (Раёсати оперативии КДАМ бо собиқаи 28 сол кор- Мирзоев.Ф З, псевдоними махфӣ «Хишник»

Сообщение Абрҳои сиёҳи болои сари М.Убайдуллоев, появились сначала на ISLOH.net.

ҲНИТ, ним қарни пурталотум № 3\2
(бахши дуввум, давраи севвум)

Муқовимат, суйқасдҳои нобарор ва музокирот

Наҳзати исломии Тоҷикистон дар даврони ҳиҷрат дар Афғонистон фақат бо масоили муҳоҷирон пойбанд набуд. Устод Нурӣ ва ёронаш ба хубӣ дарк карда буданд, ки роҳи бозгашти онҳо ва муҳоҷирони ғарибуфтодаро танҳо муборизаи яроқнок метавонад боз ва ҳамвор бикунад. Дар ҷо-ҷое аз сӯҳбатҳои сарони ҲНИТ шумо дар бораи табдили ҳизб ба Ҳаракат ва пайваст шудани идораи Қозиёт, машоих ва ҳизби демократу Растохез ва Лаъли Бадахшон маълумот ба даст овардед. Ҳизби наҳзат дар Афғонистон ба Ҳаракати Наҳзати Исломӣ табдил шуд ва Шурои ҷиҳодии он бо ҷамъу ҷур кардани неруҳои парокандаи ба Афғонистон ҳазиматкарда шуруъ кард.

Замоне, ки Ҳизби Наҳзат ба Ҳаракати наҳзати исломӣ табдили ном кард, намояндагиҳои он на фақат дар Афғонистон ҳамчунин дар Эрон ва Покистон ҳам шурӯъ ба фаъолият карданд. Масъулияти намояндагии Ҳаракати наҳзати исломӣ дар Исломободро устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва аз Эронро устод Ҳоҷӣ Акар Тӯраҷонзода бар ӯҳда доштанд. Дар Маскав-пойтахти Русия ҳам созмоне бо номи Шӯрои ҳамоҳангии неруҳои демократӣ дар раъси Отахон Латифӣ, собиқ хабарнигори «Правда» ва ноиби пешини риси Шӯрои вазирони Тоҷикистон ва Ҳабиб Сангинов, сардори собиқи ГАИ-и ҷумҳурӣ ташкил ёфт, ки ба намояндагӣ аз Ҳаракат амал мекард. Шахсиятҳои муътабари мазҳабии кишвар, ки акнун дар ҳолати фирор ва оворагӣ дар Афғонистон қарор доштанд бо ин Ҳаракат мулҳақ шуданд. Албатта, ки кишварҳои олами ислом ва бахусус Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамроҳ ва дар канори ин Ҳаракат буд.

Мавлавӣ Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раиси собиқи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз як ҳолати таърихие ёдовар мешавад, ки мунҷар ба пайваст шудани қозии пешини Тоҷикистон ба ин Ҳаракат шудааст:

«Дар вохӯрӣ дар ҳузури Вилоятӣ (Алӣ Акбар Вилоятӣ, вазири умури хориҷии вақти Ҷумҳурии Исломии Эрон) дар бораи ташкили Ҳаракат ва низ дар бораи бахшҳои он ва ҳамчунин масъулияти афрод дар ин ҳаракат маълумот додам. Дар ин ҷо аз оқои Тураҷонзода даъват кардам, ки ба Ҳаракат ҳамроҳ бишаванд. Устод Тураҷонзода гуфт, ки ҳанӯз намедонад ба ҳайси кӣ биравад. Гуфтанд, бояд мушаххас бишавад, ки бо чи масъулияте хоҳанд пайваст. Ман гуфтам ин масъаларо намешавад дар инҷо ҳал кард. Ҳамин тавр, аз ин ба пас байни мо ва устод Тураҷонзода ва устод Нурӣ алоқа барқарор шуда буд ва мо тавассути мухобира сӯҳбатҳо доштем. Устод ҳам даъват карданд аз ҷаноби Тӯраҷонзода, ки биоянд. Билохира, баъд аз чанд моҳ устод Тӯраҷонзоа ба Покистон омаданд ва мо ҳамроҳ ба Кобул рафтем. Тақрибан миёнаҳои тобистон буд. Дар Кобул дар сафорати Эрон як ҷаласаи маҳдуде бо иштироки банда ,устод Нурӣ, устод Тураҷонзода, Шодмони Юсуф ва як бародари эронӣ доир шуд ва тасмим бар ин шуд, ки масъулияти муовинати аввал ба дӯши оқои Тӯраҷонзода вогузор шавад».   «Фараж» феврали соли 2009

Устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Ҳаракат ва Шурои ҷиҳодӣ дар сӯҳбат бо Салими Аюбзод, хабарнигори радиои «Озодӣ» дар соли 1994 аввалин талошҳо барои ташкили Ҳаракати наҳзатро чунин ёдоварӣ кардааст:

«… худи ин ҳизбу ҳаракатҳо пароканда буданд ва ҷудоии онҳо яке аз сабабҳои шикасташон шуда буд.  Дар Тоҷикистон идораи қозиёт буд ва гурӯҳи машоихи мусулмон ва Ҳизби наҳзати исломӣ, ки ҳамагӣ ба қишри мусулмони кишвар такия мекарданд. Инчунин Ҳизби демократии Тоҷикистон буд, Созмони «Растохез», «Лаъли Бадахшон» ва бисёр созмонҳои дигари озодихоҳ. Ҳадафи онҳо озодӣ, истиқлолияти кишвар ва демокросӣ буд, вале барои ин ҳадафҳо ҳар кадом ба таври худ амал мекард. Ҳамоҳангие дар миён вуҷуд надошт. Яъне бо сабаби он ки ҷудо аз ҳам буданд, яке аз сабабҳои шикасташон ҳамин буд.

Бино бар ин вақте мо ба ин ҷо омадем, пеш аз ҳама фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии худро боздоштем ва гуфтем, ҳамон наҳзате, ки ҳанӯз баъд аз духули артиши Русия дар кишварҳои Осиёи Миёна як наҳзати исломӣ вуҷуд дошт ва онро мо дар соли 1973 эҳё кардем, ҳамонро идома медиҳем. Ҳарчанд бе ин ҳам он идомаи худашро дошт, валекин мо ҳизбро аз фаъолият манъ кардем ва гуфтем, ки тамоми идораи Қозиёт ва тарафдорони он, машоих ва тарафдорони онҳо ва инчунин Ҳизби демократӣ, созмони «Растохез», тамоми мардуми мусулмон ва миллати озодихоҳи Тоҷикистон, ки имрӯз ин мусибат болояшон омадааст, ҳама метавонанд, ки дар ин Наҳзат дохил бошанд ва ҳама метавонанд, ки дар ҳайати як танзими ягона шурӯъ ба фаъолият кунанд.

Ҷои шак набуд, ки қавитарини ҳамаи ин аҳзобу созмонҳо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд ва ҳаст. Дар ҳиҷрат дар Афғонистон низ бештар мардумоне буданд, ки агар аз ин ҳизб ҳимоят намекарданд, ба ҳар ҳол пайвандҳои бештаре бо он доштанд, дар нисбати аҳзоби дигар». «Роҳи душвори сулҳ». Мусоҳиб Салими Аюбзод.Теҳрон соли 1995

Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар идомаи суҳбаташ мегуяд, ки вай намехост масъулияти раҳбарии ин Ҳаракатро бар дӯш бигирад. Вале ҳам талаби пайравону ҳамандешон, ҳам шароити болои мардум омада ва ҳам масъулияти бозгашту бозгардонидан ба ватан ӯро водор кард, ки ин масъулиятро бар зимма бигирад:

«Вале аз ҳама муҳимаш, шахсан ман намехостам, раёсати танзимро бар зимма бигирам. Вақте ҷаласаҳои аввалинро дар хориҷ гузарондем ва метавонем, бигӯем, ки ҳанӯз ҳам мо намехостем, ки масъулияти раҳбарии онро бар дӯш бигирем. Ончи ошкоро ба назар мерасид, ин буд, ки аксари масъулону фаъолони наҳзат ва ҳизбу созмонҳои дигар дар он вақт рӯҳан шикаст хӯрда буданд ва маъюс аз ин мусибатҳое буданд, ки болояшон омада буд. Бинобар ин онҳо ҳатто бо оби чашм аз мо талаб карда буданд, ки раҳбариятро бар ӯҳда бигирем. Хуб, роҳи дигаре набуд. Қабул кардем  ва шурӯъ ба фаъолият кардем ва қабл аз ҳама аз муҳоҷирин шурӯъ кардем. Ва мо чунин фикр кардем, ки барои бақои ин миллат, барои ҳифзи садҳо ҳазор муҳоҷире, ки бо вуҷуди сахтиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳарбию сиёсӣ дар шимоли Афғонистон дар ин минтақа паноҳ ёфта буданд ва барои ҳифзи ҳуқуқи наздик ба як миллион нафаре, ки дар кишварҳои дигар паноҳанда шудаанд, барои бақои онҳо ва бозгашти сарбаландонаи онҳо, мо ҳақ надоштем, ором биншинем ва ё аз пайи зиндагии худ бошем. Мо худро масъули ин ҳол мешумурдем. Ва барои дифоъ аз ҳуқуқи ҳамватанони худ роҳи дигаре надоштем, ба ҷуз ин ки амалиёти низомиро шурӯъ кунем. Бинобар ин гурӯҳҳои пароканда ва маъюсшудае, ки баъд аз шикаст дар ҷангҳои дохили Тоҷикистон, ба ин тараф, ба Афғонистон гузашта буданд, онҳоро даъват кардем ва як низому тартибе ташкил кардем ва алҳамдулиллоҳ, тавонистем, гурӯҳҳои зиёдеро сарҷамъ кунем, онҳоро мусаллаҳ кунем ва ҷиҳоду муборизаро шурӯъ кунем. Хуб, дар ҳақиқат ҳам ҳамин ҷиҳоду муборизаи мо боиси он гардид, ки бори дигар ин миллати ҷафокашидаро ин абарқудратҳо бишиносанд». «Роҳи душвори сулҳ».

Шурӯъи муборизаҳои мусаллаҳона ба манзури бозгашт ба ватанро дигар аз масъулони он замони ҲНИТ низ дар суҳбатҳояшон гушнишон кардаанд. Дар суҳбатҳои расонаии Давлати Усмон ҳам ишораҳое мерафт, ки дар Фархори Афғонистон 250 размандаро дар як даста ҷамъ ва машқу тамриноти онҳоро ба роҳ мондааст.

Аммо қабл аз шурӯи музокирот ва таъйини ҳайати гуфтушуниди ҷониби оппозитсион Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикисон бо ҳамаи неруҳои ҳамроҳаш дигарбора табдили ном карда ва бо номи Иттиҳоди Неруҳои Оппозитсиони Тоҷик муборизаи худро идома дод.

Дар инҷо як нуктае, ки месазад тазаккур кард ин аст ки ҳанӯз дар Тоҷикистон дар як мулоқоти миёни устодон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар яке аз деҳаҳои куҳистони Ромит, ки Ризвон Содиров низ ширкат кардааст, суҳбатҳо дар бораи масъалаи идомаи муқовимат ва мубориза сурат гирифта будааст.

Устоди марҳум Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар як сӯҳбаташ дар ин бора хеле ба таври фишурда ишора кардааст:

«…. Ҳаракат танзиму ташкил шуда буд. Вале дар дохил, дар Ромит ва ҳанӯз ба Афғонистон норафта, баъзе сӯҳбатҳо миёни устодон Нурӣ ва Тӯраҷонзода, ки кӣ бояд роҳбариятро минбаъд ба ӯҳда бигирад, сӯҳбатҳо шуда будааст. Аммо дар Афғонистон дигар ин масъала  матраҳ нашуда буд. Чаро, ки устод Нурӣ таъин шуда буд ва ӯ шахсан наметавонист, ки ин тасмимро бидуни назари роҳбарият ва Шӯрои ҷиҳодӣ тағйир диҳад». «Фараж» феврали соли 2009

Солҳо баъд, бархе аз огаҳони он мулоқоти то кунун мунъакиснашудаи устодон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода гуфтанд, ки ин мулоқот ба эҳтимоли зиёд дар авоили декабри соли 1992 баргузор шуда ва дар ҳақиқат Ризвон, ба унвони фармондеҳи Артиши Наҳзати Исломӣ, ки ҳамоно муқовиматро дар дохили кишвар идома медод, ҳузур доштааст.

Ризвон ба онҳо суол мекунад, ки роҳбар барои оянда кӣ аст? Устод Нурӣ посух медиҳад, ки ҷаро бояд роҳбар бикобем, дар ҳоле, ки роҳбарамон мушаххас аст. Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода мегуяд, ки на, аз ин ба пас роҳбари мо Шумо ҳастед ва тавофуқ мешавад, ки устод Нурӣ ба ҳайси роҳбар ва Ризвон минҳайси фармондеҳ мубориза идома хоҳад ёфт ва устод Нурӣ таъминоти ҷабҳаи ҷангро бар душ мегирад.

Он хона як кат доштааст ва вақте фурсати хоб меояд устод Нурӣ мегуяд, қозидомулло ин кат аз шумо аст. Аммо устод Тураҷонзода арзи сипос мекунад ва руи кат устод Нурӣ шабро саҳар мекунад.

Суоли дигари Ризвон ин будааст, ки ҳадафи ҷангамон чӣ аст ва барои чи бояд биҷангем. Агар бигуед, ки барои ҳуқуқи башар, барои курсӣ ва ё барои ҳар чизе дигар ман ҳамроҳатон нестам ва агар ҳам бигуед, ки барои давлати исломӣ вале баъди 50-60 сол ман ҳамроҳатон нестам ва агар эълон кунед, ки ҷанги мо барои ислом аст ман ҳамроҳатон ҳастам. Устод Нурӣ он замон гуфта будааст, ки вақте Ризвон бо ин оҳангу бо ин ният суол дод, муҳаббати Ризвон ба ҳайси на фақат як фармондеҳ, ба сифати як фарзанд дар қалби ман ҷой гирифт. Вале мутаассифона Ризвон то ба охир ба роҳбарият содиқ намемонад ва ба ҷиноятҳо ва қатлҳое даст зад,ки дар ҳеҷ чавкот ва муқаррароте намегунҷиданду созгор набуданд.

Ризвон Содиров вақте фармондеҳ таъйин мешавад, танзими ҷузву томҳои Артиши Наҳзати исломиро дуруст ба роҳ мемонад ва муваффақ ҳам мешавад, ки ҳамаро зери як сақф ва таҳти итоати як маркази фармондеҳӣ биоварад. Амалан ӯро вазири дифоъи ҳукумати дар табъиди Тоҷикистон муаррифӣ мекарданд. Аммо Ризвон Содиров  мағруру мутакаббир мешавад, то ба ҳаде, ки бидуни қазоват афродро худаш бе маҳкама ва додгоҳе ба қатл мерасонд.

Ҷалолиддини Маҳмуд, яке аз собиқадорони ҲНИТ, ки дар зиндон даргузашта шуд, дар як сӯҳбаташ бо расонаҳо роҷеъ ба фармондеҳ Ризвон Содиров чунин мегуяд: «Як чунин таҷриба ҳам ба кор гирифта шуда, ҳамаи нерӯҳоро зери назорати Ризвон супорида буданд. Ризвон аз худ рафту мухолифат ва нофармонӣ кард ва дарди сар шуд. Пас аз ин устод чунин тасмим гирифт, ки ҳар фармондеҳ дар алоҳидагӣ бо ӯ ҳамсӯҳбат шаванд, на ба воситаи якдигар. Вақте Мирзохуҷа Низомро мехостанд, фармондеҳи кулли минтақа эълон кунанд, устод аз ин ранҷид, ки ӯ ҳам шояд ба як Ризвони дигар табдил шавад. Устод дастур дод, ки Муҳаммадрӯзӣ, Шайх ё Мирзохӯҷа Низом ҳар кадоме мустақим ба ӯ муроҷиат кунанд. Ҳарчанд онҳо нисбат ба ҳамдигар эҳтиром доштанд, аммо расман якдигарро итоат намекарданд».

Дар ҳар сурат Ризвон Содиров на он нафаре будааст, ки раҳбарони Шурои ҷиҳодии Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон рӯи он ҳисоб карда буданд. Зимнан, вақте ҳам муҳокимаи масъалаи таъйини Ризвон дар ҷаласаи Шӯрои ҷиҳодӣ матраҳ мешавад, хелеҳо мухолифат мекунанд, аммо аз онки вай то инки ба Афғонистон бирасад бо неруҳои ҳукумати Раҳмонов ва пуштибонҳояш дар дохил танҳо меҷангид ва соҳиби обрӯи баланд гардида ва дар васфаш ҳатто шеъру афсонаву достонҳо эҷод шуда буд, ӯро фармондеҳи кулли қуво таъин карданд.

Вале чуноне гуфтем вай, баъдҳо маълум шуд, омили нуфузии хориҷиҳо буд ва ба ҳамин ҷиҳат ёғӣ шуд. Хайриддин Қосим, хабарнигори собиқи телевизиони Тоҷикистон, ки дар он солҳо ба асорати Ризвон меафтад, бо нашри силсиламатолибе аз баъзе аз нақшаҳои шуми ӯ мегуяд:

«Ризвон дар поёни соли 1994 тасмим ба террори раҳбарони Наҳзат гирифт. Вай ибтидо қасд дошт, ки ба баҳонаи наздик будани Баҳораки Бадашон ба марзи Тоҷикистон қароргоҳи марказии наҳзатро ба Толиқон ба ин маҳал интиқол диҳад. Вай то поёни соли 1994 умед дошт, ки устодон Нурӣ Тураҷонзода ва Ҳимматзодаро ба Баҳорак меорад. Аммо дар оғози соли 1995 Ризвон фаҳмид, ки дигар кор аз кор гузаштааст.

Афроди наздик ба вай аз Раёсати Наҳзат хабар доданд, ки инак мавзӯъи барканориаш аз фармондеҳии артиш матраҳ мебошад. Бо шунидани ин хабар дар пайи террори ҳар се роҳбари Наҳзат шуд. Ба ин мақсад се гуруҳро омода кард. Сарпарастии дастаеро, ки мебоист дар шаҳри Толиқон устод Нуриро ҳадафи террор қарор диҳад, Зариф ном муҷоҳид аз миёни муҳофизони шахсии Ризвон ба уҳда дошт. Ман вайро хуб мешинохтам. Зеро дар рӯзҳои аввали вуруди мо ба Баҳорак дар хонаи Ризвон дар лаҳзаҳои фориғ аз нигаҳбонӣ ба акаи Абдураҳмон-ошпази шахсии Ризвон дар пухтани ғизо ёрӣ мерасонд. Чашмонаш аз дуди ҳезуми тар ба сӯзиш меомад. Ба андешаи банда Зариф асрори зиёде аз ҷиноятҳои Ризвон медонист. Инак Ризвон ва Баҳроми бародараш вайро барои террори устод Нурӣ тайёр карданд. Бо се тан аз муҷоҳидон таҷҳизоти ҳидоятшаванда аз роҳи дурро бардошта дар наздикии хонаи Нурӣ ҷойгир карданд. Бар асоси дастури Ризвон ва Баҳром мебоист ҳангоми утсод  Нурӣ минаи идорашаванда аз роҳи дур тарконда мешуд. Аммо Зариф аз ин кор худдорӣ кард. Яке аз ҳамроҳони худро ба Кумитаи амнияти Наҳзат фиристод ва пайғом дод, ки довталабона ҳозир аст худ ва таҷҳизотро ба онҳо супорад. Зеро қасди куштани ҳеҷ мусалмони бегуноҳро надорад. Вайро гирифтанд ва зиндонӣ карданд. Асли ҳолисаро баён кард. Баҳром бехабар аз ин қазия дар интизори дарёфти хабари анҷоми суиқасд ба ҷони Нурӣ буд. Ҳар субҳ ба хонаи мо меомад ва мегуфт: «Бачаҳо бояд ду-се нафарро аз байн бардоранд. Имрӯзҳо хабарҳои хуше хоҳед шунид. Аммо аз касе ном намебурд ва фақат ба Толиқон, Исломобод ва Теҳрон ишора мекард. Чанд рӯз бо изтироб пушти сар гузашта шуд. Баъд аз чанд ҳафта мушаххас шуд, ки Абдуллоҳ ва Муҳаммадҷон ном ду тан аз афроди Ризвон, ки ба террори устод Тураҷонзода ба Теҳрон рафта буданд,  дастгир шуданд. Амнияти Наҳзат ононро бо дастони баста ба Толиқон баргардонд. Пас аз анҷоми таҳқиқоту баррасиҳо озод карданд. Як миқдор пул ҳам дар ихтиёрашон гузоштанд ва онон ба унвони тоҷирони Наҳзат ба фаъолият пардохтанд. Гурӯҳе, ки барои террори устод Ҳимматзода ба Покистон рафта буд ҳадафи худро ошкор кард.» 11 октябри 2007 «Фараж» №41(43

Маълум аст ки рӯ ба ҳиҷрат овардани ҲНИТ ва пайравону тарафдоронаш аз рӯи иҷбор буд. Ҳамин тавр даст ба ҷиҳоду муборизаи мусаллаҳона задани он ҳам коре набуд, ки аз пеши худ анҷом дода бошанд. Ин роҳ чораи охирини бозгашт ба ватан буд. Афғонистон ва тамоми роҳбарони ҳатто байни ҳам дар ҳоли душманиву мухосимат дар ин амр кумаки Ҳаракати Наҳзати Исломирӣ карданд. Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, раиси собиқи Комиссиюни тафтишотии ҲНИТба ин пурсиш, ки Наҳзат дар ҳиҷрат чаро даст ба муборизаи мусаллаҳона зад, ҳадафаш чӣ буд, чунин посух додааст:

« Ба ростӣ, то замони тарки ватан Наҳзати исломӣ ва мардуми бечораи тоҷик на силоҳи кофӣ доштанд ва на мутааллиқ ба ягон қудрати хориҷӣ буданд ва ҳар муқобилияте нишон медоданд, ба хотири дифоъ аз дину ҷону моли хеш анҷом медоданд. Табиъист, ки нияти таҷовуз ба ҳарими касеро надоштанд ва бо касе кинаву адоват дар дил намепарвариданд ва бо ҳама гуна ҷангу хунрезӣ мухолиф буданд. Мардуме, ки дар даст силоҳ надошт ва барои ҷанг омода набуд мавриди зулму ситам қарор гирифтанд ва роҳи ягонаи халоси ёфтани худро дар ҳиҷрат диданд. Чун ба Афғонистон рафтанд, ягона роҳи баргашт ба Ватан ва бозгардондани молу мулк ва хонаву дари хешро дар муқовамати мусаллаҳона диданд, зеро бо зӯргӯ танҳо бо забони зӯр сӯҳбат карда метавон, на бо нармию мулоиматӣ. Пас аз он шӯрои ҷиҳодиро ташкил доданд ва силоҳи кӯҳнаро аз афғонҳо харида, муборизаро оғоз намуданд. Ба таври хулоса гӯем, ҳиҷрати мо барои дифоъ аз ҷон буд ва муқовамати мусаллаҳонаи мо барои баргаштан ба ватан ва гирифтани ҳуқуқҳои аздастрафта». «40 соли наҳзат. Хотира, андеша,дидгоҳ».Душанбе-2013

Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ҳамчуноне тазаккураш рафт дар Афғонистон ба масобаи як ҳукумат фаъолият мекард. Раис ва муовинони он бо намоянда ва диломатҳо давлатҳои хориҷӣ,  бо масъулони ташкилотҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқ ва созмонҳои ҷаҳонии хайрия дидору мулоқот мекарданд. Аз инҷо буд, ки нахуст ин Ҳаракати Наҳзати исломӣ буд, ки тарҳи сулҳу оштиро матраҳ кард ва мубориза ва ҷиҳодашро ба хотири  ҳамин музокира ва бозгашт ба ватан ва таъмини сулҳу оштӣ медонист. Ҳам муқовимат   ва ҳам барои  дарёфти сулҳу оштӣ нишастан сари мизи музокирот даъват мекард. Мисли онки устод Нурӣ ва ёрони вай садсолаҳо ҳукумат карда бошанд, ҳама кору амалашонро ба таври мутавозин ва муваффақона ва тибқи барнома пеш мебурданд.

Дар сангарҳои ҷиҳоду муқовимат ҳам ба тавфиқу барор даст меёфтанд. Вале аз тарафи Ҳаракати Наҳзат ва масъулони он ошкоро эълон мешуд, ки сари мизи музокирот танҳо бо Русия хоҳанд нишаст, чун Эмомалӣ Раҳмонов ба унвони дастнишонда ва арӯсак ба ҳалли ҳеҷ масъала қодир ва мухтор нест. Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ он рӯзҳоро дар суҳбаташ чунин ёдоварӣ кардааст:

«Хулоса, ки ҳамин муборизаҳои мо имрӯз, масалан, пешравиҳои мо дар Бадахшон, дар Вахиё боиси он гардид, ки сардамдорони режими Душанбе, ки борҳо эълон карда буданд, ҳаргиз намехоҳанд, бо мо бишинанд ва ҳатто Русия ҳам ин чизро намехост, инҳо маҷбур шуданд, бо мо сари мизи гуфтугӯ нишинанд. Мо аввалан мехостем, бо Русия, ки сабабгори асосии даргириҳо дар Тоҷикистон аст ва ё метавонем,бигӯем, ки таъсири хеле бузург дорад дар қазияи Тоҷикистон, вориди гуфтушунид шавем. Яъне талаби мо буд, ки ҳама чиро дар Тоҷикистон Русия ҳал мекунад, пас бояд бо Русия тараф бошем ва бо он биншинем. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Бо Русия нишастем, то инки музокираро бо режими Тоҷикистон таҳррезӣ кунем. Ва даври аввали музокирот дар Маскав гузашт. Ҳарчанд режими Душанбе ба ин мулоқот хеле хунукназарӣ карданд ва ҳайъатеро ба он фиристоданд, ки ҳеч салоҳияте надошт, локин бо вуҷуди ин ҳама як умеде буд дар инки шояд ин қадамҳои аввал барои оштӣ бошад, шояд як роҳ, як даре ёфтем, ки онҳоро бори дигар огоҳ кунем, ки ин коре ки ба вуҷуд омадааст, ба манфиати миллати тоҷик нест. Ва даври дуюм дар Теҳрон ҳам чизе  натиҷа надод, валекин натиҷааш ҳамин буд, ки онҳо якҷоя нишастанд, қишрҳои миллати тоҷик як ҷо нишастанду якдигарро диданд ва шояд ки ҳамин чизҳо як таъсире бахшиданд. Ва имрӯз ҳам, ки мову Шумо сӯҳбат мекунем, як нишасте, шӯрое ва ё машварате дар Теҳрон идома дорад ва ин ҳам иншоаллоҳ ки, чӣ хеле ки ман бо баъзе афрод аз ҳайъате ки аз Тоҷикистон омадааст, сӯҳбатҳо доштам, фаҳмидам, ки инҳо чизеро дарк кардаанд. Яъне ин нирӯҳои низомӣ ва муҷоҳидине, ки аз тарафи Наҳзати исломии Тоҷикистон ҷамъ карда шуд ва онҳо шурӯъ ба мубориза карданд, боиси ин шуд, ки ҷониби мухолиф як қишри дигари мардуми Тоҷикистонро бишиносад ва бидонанд, ки миллати тоҷик танҳо онҳое нестанд, ки ҳоло дар кишваранд, балки наздик ба як миллион нафар тоҷики дигар дар берун аст, ки фикру андешаи дигар доранд. Имрӯз онҳо ҳам барои бақои ҳамин миллат фикр мекунанд ва ба хулосае омаданд, ки бояд мо забони ҳамдигарро бифаҳмем, бояд ки фикри якдигарро бифаҳмем. Дар ҳақиқат, дар ҳоли ҳозир ҳам, мо ҷонибдори он ҳастем, ки чун дар ин ҷанге, ки дар Тоҷикистон идома меёбад, ғолибан тоҷикҳо аз байн мераванд. Агарчи дар миёни аксарҳои режими коммунистӣ баъзан муздурони русӣ, ӯзбакӣ ва ҳатто тоторӣ ҳам ёфт мешаванд, ки ба хотири дарёфти пул меоянд ва ҷанг мекунанд, локин аксарият бачаҳои тоҷик, фарзандони мусулмон ҳастанд. Масалан, дар ин авохир асирҳое, ки аз тарафи режим ба дасти муҷоҳидини артиши Наҳзати исломӣ афтоданд, ман онҳоро дидам, ҳама ҷавононе ҳастанд, ки на тарафдори режими коммунистиянд ва на тарафдори ягон ҳизбу созмон. Онҳо мехоҳанд, ки озод бошанд, мехоҳанд ки амният дошта бошанд ва дар ин синни ҷавонӣ орзуҳои худро амалӣ кунанд. Дигар коре надоранд ба ҳеч чиз ин бечораҳо. Ман онҳоро ба муҳоҷидини худ нишон додам, ба муҷоҳидине ки аз ғояти мусибати зиёд шадидан интиқомталаб буданд, нишон додам ва гуфтам, шумо имрӯз киро мекушед, ана ҳамин додаракҳои худро мекушед. Имрӯз душманони миллати тоҷик мехоҳанд, ин миллатро заъиф бисозанд, ин миллатро аз байн бубаранд. Озодию истиқлолият ва якпорчагии ин миллатро аз он бигиранд. Барои ҳамин шумо бояд коре бикунед, ки бо бародарҳои худатон забон биёбед, коре кунем, ки якдигарро бифаҳмем ва ҳарчи зудтар тоҷикон битавонанд, як давлати миллӣ ва мустақили худро ба вуҷуд оранд.”  «Роҳи душвори сулҳ» Мусоҳиб Салими Аюбзод. Теҳрон, апрели соли 1994

Ин сӯҳбатҳои устоди равоншод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар соли 1994 дар даври дуввуми музокирот дар Теҳрон доир шудааст.

Аммо дар оғоз Раҳмонов ва бақия масъулони режими дастнишондаи русҳо аслан ҷонибдори музокирот набуданд, балки мегуфтанд ҳеҷ оппозитсияе вуҷуд надорад ва бо онҳо сари миз нахоҳанд нишаст.Вале,ҳодисаи посгоҳи 12 дар минтақаи Сари Ғори Шурообод, ки боиси кушта шудани 25 афсару сарбоз ва ба хоку туроб бадал гаштани ин дидбонгоҳи марзӣ шуд, сабаб шуд,ки фикру назарашон тамоман иваз шавад ва бе онки эълон кунанд Русия талаби ҲНИТ ҷиҳати нишастан сари мизи музокиротро пазируфт, Евгенний Примаков, раиси Хадамоти кашфи хориҷии Русия( СВР) ба мулоқоти ӯ ба Афғонистон омад. Худи устод Нурӣ он лаҳзаҳоро дар як сӯҳбаташ бо хабарнигори «Озодӣ» чунин тавсиф кардааст:

«Воқеан, соли 1993 мо дар Кобул бо Евгений Примаков мулоқот доштем, ки он баъд аз вуқӯи ҳодисаи марбут ба постгоҳи 12-ум сурат гирифта буд. Дар ин мулоқот метавон гуфт, аввалин бор масъалаи бо роҳи гуфтушунид ҳал гардидани қазияи Тоҷикистон ба миён омад ва он замон Примаков пешниҳод намуд, ки чаро масъалае, ки бо роҳи гуфтушунид ҳал шуданист, бо роҳи хушунат ҳал гардад. Мо ҳам дар ин вохӯрӣ омодагии худро барои музокирот ва расидан ба сулҳ эълом кардем ва аз ҷумла гуфтем, ки мо мазлумем, аз хонаву кошонаи хеш берун карда шудаем ва имрӯз, ки мехоҳем баргардем ба манзилу Ватани хеш, нерӯҳои Шумо намегузоранд, ин кор сурат бигирад. Агар Шумо роҳеро пайдо намоед, ки мо битавонем баргардем ва касе дар ин роҳ садди мо нагардад, мо ҳозирем, пушти мизи гуфтушунид нишинем. Метавон гуфт, ки ин аввалин сӯҳбатҳо барои дастёбӣ ба сулҳ буд. Соли 1997, вақте Созишномаи сулҳ дар Маскав ба имзо расид, Евгений Примаков аз ин хусус ёдовар шуданд ва иброз доштанд, ки мо хишти аввали бинои сулҳро ҳамроҳ бо ҷаноби Нурӣ гузошта будем ва имрӯз ҳам охирин хишти ин биноро бо ҳам мегузорем. Мо мулоқоти танҳо ба танҳо надоштем ва вохӯрии мо дар ҳузури намояндагон ва ҳатто раисиҷумҳури вақти давлати исломии Афғонистон, сурат гирифта буд. Сӯҳбати мо асосан бо кӯмаки тарҷумон мегузашт, вале дар ин миён ману Примаков як каме бо забони русӣ бо ҳам гуфтугӯ ҳам намуда будем. Инҷо бояд ёдовар шуд, ки се соли музокирот байни тоҷикон он қадар натиҷаи ризоиятбахш надод. Баъд аз он ки ҷаноби Примаков вазири умури хориҷии Русия таъин гардид, ҳайати намояндагоне, ки аз ҷониби Русия буданд ва ҳам ҳайате, ки дар музокирот байни тоҷикон ширкат мекарданд, тағйир ёфтанд ва баъд аз ин таҳаввулот, фикр мекунам, ҳудуди як сол нагузашта, музокирот натиҷаи худро дод ва Созишнома ба имзо расид».  «Роҳи душвори сулҳ». Абдуқаюми Қаюмзод, Мусоҳиба бо муассис ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ. 27-уми апрели соли 2003

Дар робита ба мулоқоти худ бо ин мақоми баландпояи ҳукумати Русия устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар суҳбат бо Салими Аюбзод тафсили бештар дода таъкид мекунад, ки баъди онки Евгенний Примаков вазири хориҷии Русия таъин шуд, пешравиҳо дар раванди музокироти ҳукумат бо оппозитсион ба вуқуъ пайваст:

«Воқеан ман ҷаноби Примаковро дар қиёс бо дигар афроди русу русзабон як гуна дигартар дарёфтам. Ҳис кардам бо мардуми мусулмон алоқмандии бештар дорад, хуб мефаҳмад, бомутолиъа аст ва ба фикрам, дар робита ба мардуми мусулмон, ҳамаи мардуми мусулмон, на танҳо тоҷикон, кӯшиш мекард, ки масъалаҳои мавҷударо ҳал кунад ва ё ба ҳалли онҳо кӯмак намояд. Аввалин мулоқоти мо ҳамин таассуротро эҷод кард ва ман дидам, ки як одами нармгуфтор аст ва суханаш аз дохили дилаш меояд, барои некӣ, на барои ба бероҳагӣ кашидан ё мунҳариф кардан. Ҳис кардам, ба тоҷикон некӣ мехоҳад ва қадр мегузорад ба он ки тоҷикону русҳо солҳои зиёде бо ҳам зиндагӣ карданд. Паёми вай ин буд, ки ҷангро қатъ кунем ва бо роҳи дигар ба ҳадафҳомон бирасем. Ва дар ҷараёни гуфтушунидҳо низ расидан ба натиҷаҳо хеле сахт буд, гоҳе натиҷае ба даст намеомад ва намояндагони Русия дар гуфтушунидҳо ин гуна рафтор мекарданд, ки кас фикр мекард, онҳо ба масъала ҷиддӣ муносибат намекунанд. Вале аз он вақте ки Примаков вазири умури хориҷии Русия таъин шуд, мо дар фаъолияти намояндагони Маскав дар музокироти Тоҷикистон дигаргуниҳоро мушоҳида кардем. Акнун шахсиятҳое аз Русия намояндагӣ мекарданд, ки ҷиддитар ва тавонмандтар буданд ва ҳадафдортар буданд. Ва дар ҳамин давра буд, ки музокирот ҳам ба натиҷа расид ва сулҳ ҳам нуқтаи охирини худашро гузошт. Ва ҳангоми сӯҳбаташ дар Маскав дар рӯзи имзои созишномаи сулҳ он кас ёдовар шуд, ки мо хишти аввалро дар вақташ дар Кобул гузоштем, имрӯз хишти ниҳоиро дар Маскав мегузорем. Воқеъан метавон гуфт, ки саҳми ин одам дар расидани тоҷикон ба сулҳ бузург аст ба монанди саҳми оқои Вилоятӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, ки бештар бо оппозитсия сару кор дошт ва бо тамоми ҷиддият талош мекард. Яъне Примаков бо ҳукумати Тоҷикистон ва Вилоятӣ бо мо ҳамкориҳои наздик доштанд». «Роҳи душвори сулҳ» Мусоҳиб Салими Аюбзод.  21 июни соли 1994, Теҳрон.

Мулоқоти устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Евгенний Примаков, раиси Хадамоти иктишофи хориҷии Русияро метавон оғози музокирот миёни тарафҳои даргири ҷанг дар Тоҷикистон ҳисоб кард. Зеро дар ин дидор, ки барои ҳамаи ҷонибҳо ва бештар аз ҳама барои Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон муҳим буд Примаков ваъда дод ва ба уҳда гирифт, ки дар сурати қатъ кардани амалиётҳои низомӣ, Русия метавонад нақши миёнҷиро дар байни тарафҳои даргир дар Тоҷикистон бозӣ кунад. Ба бовари коршиносон ва огаҳони авзоъ маҳз пас аз ҳамон мулоқот кӯшишҳои дипломатияи Русия, Эрон, Афғонистон барои бо роҳи мусолиматомез ҳал кардани қазияи Тоҷикистон торафт вусъат мегирифтанд. Билохира, бо ҷаҳду талошҳои ин кишварҳо ва миёнҷигарии Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи 5 – уми апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав даври аввали музокироти сулҳи байни тоҷикон ба кори худ шурӯъ кард. Албатта, нақши Созмони Милали Муттаҳид дар амри баргузории музокиротро ҳам бояд ба таври хосса таъкид кунем. Чунки тамоми раванди музокироти тарафҳо таҳти сарпарастӣ ва миёнравии мустақими фиристодаи Дабири кулли СММ  доир мешуданд. Ҳаройина бештар маълум мешуд, ки менависад Султони Ҳамад, муҳаққиқи раванди музокирот ва сулҳсозӣ дар Тоҷикистон, «бе дахолати миёнҷиёни хориҷӣ тоҷикони дар ҳоли ҷанг наметавонанд ба якдигар бовар кунанд ва сулҳу оштӣ намоянд. Русия, ки дар аввали даргириҳо ошкоро аз намояндагони Фронти халқӣ дастгирӣ мекард, дар нимаҳои дуюми соли 1993 билохира дарк кард, ки вазъи ноороми сиёсиву низомӣ дар минтақа, ба хусус дар Тоҷикистон, ки марзашро сарбозони он ҳифз мекунанд, ҷавобгӯи манофеи стратегии ин кишвар намебошад. Бинобар ин дар пай ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон шуд. Дар ин самт сафари Е.М.Примаков, раиси хадамоти ҷосусии Русия, ки баъдан вазири корҳои хориҷа гардид, ба Кобул ва мулоқоти ӯ бо роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки 31 июли соли 1993 (ҳамагӣ чанд рӯз пас аз ҳамла ба дидбонгоҳи 12 – уми марзбонҳои русӣ) барпо гардид, сарнавиштсоз буд».

Аммо русҳо бо ин вуҷуд пуштибонии худ аз ҳукумати дастнишондаашон дар Тоҷикистонро пинҳон намедоштанд. Ва дар ҳар мавриди имконпазир аз ворид кардани фишор ва мухолифат болои Ҳаракати Наҳзати Исломӣ даст барнамедоштанд.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, қоиммақоми Ҳаракати Наҳзати исломӣ ва роҳбари ҳайати музокиротии он аз мавриде ёдовар мешавад, ки ба маҳзи дахолати Анатолий Козирев кам монда буд музокирот комилан қатъ шавад. Устод Тураҷонзода мегӯяд  вақте сари мизи музокирот нишастему Андрей Козирев, вазири хориҷи онрӯзаи Русия омаду бо тарафи музокиротии режими Душанбе салом карду бо як шамотату вақоҳат суҳбат кард, ки ҳузури мо ва вуҷуди мо ба инобат гирифта нашуд, баргаштаму гуфтамаш, ки «ҷаноби вазир, мо инҷо барои шунидани мавъиза (проповед)-и шумо наёмадаем ва шумо ба ҳайси мизбон барои ин беэҳтиромӣ то аз мо маъзарат нахоҳед, нишастан сари ин мизро муносиб намедонем». Баъд аз се рӯз Козирев расман узр мепурсад ва музокироти тарафҳо идома меёбад.

Аммо чуноне ҳам гуфтем музокироти миёни Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҳукумати дастнишондаи Русия ва Узбакистон дар Тоҷикистон ҳамзамон бо шиддат гирифтани амалиётҳо дар ҷабҳаҳо пеш мерафт. Ҳукумат ба тадриҷ мавқеъҳои худ дар шарқи кишварро аз даст медод:

Давлати Усмон, сардори Ситоди Артиши наҳзати исломии Тоҷикистон вазъи майдони ҷанг дар он шабурӯзҳоро дар як суҳбаташ бо шодравон Султони Ҳамад чунин баён мекунад:

« … дар ахирҳои соли 1995 ва аввалҳои соли 1996 дар дохили кишвар тавонмандии нерӯҳои мусаллаҳи оппозитсион хеле боло рафт. Дар якчанд амалиётҳои хеле калон дар Тавилдара неруҳои ҳукуматӣ якҷоя бо нерӯҳои низомии Русия натавонистанд, ки неруҳои мусаллаҳи мухолифини Тоҷикистонро аз байн бубаранд ва ё ҳадди аққал шикаст бидиҳанд. Соли 1994 якбор Тавилдара аз сӯи неруҳои мухолифин гирифта шуд, вале боз неруҳои мухолифин онро тобистони соли 1994 тарк карданд. Ва аммо соли 1995 баъди гирифтани он дигар мухолифин Тавилдараро тарк накарданд. Ҳарчанд амалиётҳои ҳарбии ҳукумат ҳамарӯза идома дошт, вале бесамар буданд. Тавонмандӣ ва муқовимати неруҳои мухолифин дар дохил зиёд шуд ва дар тобистони соли 1996 ин бартарият эҳсос гардид.»  Султони Ҳамад. «Дар суҳбати соҳибдилон».Душанбе, «Деваштич»,2007

Албатта, ҳукумат даст рӯи даст наменишаст. Роҳи чора меҷуст. Бо ҳар роҳу васила талош мекард, ки як шикофе миёни фармондеҳони Артиши Наҳзати исломӣ, ки акнун дар навоҳии водии Қаротегин ҳукмфармо буданд ва роҳбарони онҳо ба вуҷуд оварад. Ғайричашмдошт моҳи сентябри соли 1996 миёни фармондеҳони оппозитсион ва баъзе аз масъулони баландпояи мақомоти қудратии ҳукумат як созишномае ба имзо расид, ки он бо номи «Пртоколи Ғарм» маъруф аст. Иброҳими Усмон, ки он замон дар ҳайати музокиротии ҳукумат аз афроди бонуфуз ба шумор меомад таъкид мекунад, ки аз ин созишнома роҳбарияти мухолифин баъдан огоҳ шуд. Вале худобиомурз Ҷалолиддини Маҳмуд, ҳамраиси Комиссиюни оташбас аз ҷониби Иттиҳоди Неруҳои Оппозисиони Тоҷик (Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон баъдан ба ИНОТ табдили ном карда буд) бо радди ин даъво мегуяд, ки аз ҷараёни имзои ин созишнома устод Нурӣ бохабар буд.

Фармондеҳи ИНОТ дар минтақаи Ғарм Мирзохуҷа Низомов, ки он замон аз ҷониби оппозитсион зери ин созишнома имзо гузошта ва чанде аз фармондеҳони дигар ҳам бо ташвиқи ӯ ҳамроҳияш карда буданд дар як суҳбаташ бо хабарнигори «Озодӣ» он лаҳзаҳоро чунин ёдоварӣ мекунад:  «Мулоқот дар меҳмонхонаи ҳукумати ноҳия баргузор гардид. Рӯзҳои аввал он ниҳоят вазнин ҷараён мегирифт. Чунки аз ҳарду  тараф:- ҳам нафарони мо ва ҳам нафарони ҳукуматӣ ҳамроҳ яроқ доштанд ва дар гирди хона низ ҳам бачаҳои мо ва ҳам бачаҳои аз ҷониби ҳукумат бо силоҳ, яъне мусаллаҳ истодагӣ буданд. Намояндагони СММ дар он ҷо буданд ҳамон нафаронаешон, ки дар минтақа буданд, аммо дар мулоқот ширкат надоштанд. Аз ҷониби мо дар ин мулоқот Абдунабӣ Сатторзода- узви ҳайати музокиротии ҷониби оппозисиюн ҳузур доштанд. Ва қариб тамоми ҳуҷҷату асноде, ки таҳия мешуданд аз ҷониби мо бо дастони Абдунабӣ  Сатторзода дуруст мешуданд. Албатта дар асоси таклифу дархостҳои мо ҳамаи матнҳоро он кас омода мекарданд. Ба ҳангоми гуфтушунид гоҳо асабӣ мешудем гоҳо доду фарёду ҷанҷол ҳам мекардем. Як маротиба то ҳатто гуфтушуниди мо ба хотири як нафар аз генералҳои ҳукуматӣ, ки ҳоло номаш дар ёдам намондааст, қариб буд, ки қатъ шавад. Зеро дар ин миён, ки дар Ҷиргатол ҷангҳо идома мекард, ӯ хеста даъвоҳои нодуруст кард. Боз ба ҳар ҳол баъди як-ду соати танаффус,  ки асабҳо ором шуданд мо боз идома додем. Хулоса, ки дар рӯзҳои аввал хело бо мушкилиҳои зиёд якдигарфаҳмӣ мекардем.
Аслан,  то Оби гарм минтақа таҳти назорати мо қарор дошт. Танҳо дар дохили худи Ғарм як қисми ҳарбии Сӯҳроб Қосимов буд ва камтар қувваи дигар дар Тоҷикобод аз Горди раёсати ҷумҳурӣ мустақар буд, ки ҳамагӣ дар муҳосира қарор доштанд. Ин нерӯҳо аз ҳамон ҳудуди муайянашон баромада наметавонистанд, чунки қувваҳои оппозисиюн хеле нерӯҳои боқувват шуда таҷрибаи зиёд низ ҳосил карда буданд. Қувваҳои асосии мо дар Оби гарм истода буданд. Ба хотири он ки боз ягон нохушӣ ё фалокат рух надиҳад, қувваҳои ман дар болои кӯҳ дар Оби гарм ҷой гирифта буданд. Дар тарафи Тавилдара ҳам қувваҳои Мирзо Зиёев хело ҳаракатҳои хуб карда буд. Қувваҳои оппозисиюн аллакай дар Шугнов дохил шудагӣ буданд. Хело пешравиҳо назаррас буданд. Аммо як сухани устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба ёдам меояд, ки мегуфт, сулҳу салоҳ ҳама вақт бояд дар ҳолати пешравиҳо шавад. Шахсе, ки пешравӣ надошта бошад сулҳи вай аз маҷбурӣ аст. Шумо, ки имрӯз пешравӣ доред, шумо имрӯз сулҳ карда истодаед гуфта буд дар яке аз сӯҳбатҳои худ.
Дар ҳақиқат вақте мо бори аввал Протоколи оташбасро дар Ғарм имзо кардем, розигии роҳбариятро ман нагирифта будам. Чунки ман фикр мекардам, ки мумкин дар ҳамон лаҳзаҳо онҳо барои гуфтушунид розӣ нашаванд. Ва пештар ҳам, ки баъзе вақтҳо дар ин масъалаҳо сӯҳбат мекардам бо мухобира мегуфтанд, ки вазифаи қумандон бурдани музокирот нест, вазифаи қумандон ҷанг аст, аммо ба ҳар сурат шояд ман дуруст карда будам ё нодуруст карда будам вале як чизро аниқ медонистам, ки оқибати ҳамаи ҷанг, аз ҷумла ҷанги мо ҳам сулҳ аст. Ва аз ин рӯ бояд ақли худро низ кор мефармудам ва танҳо ба силоҳ такя бояд намекардам. Ва бинобар ин ҳис кардам, ки гуфтушунид ҳам барои ман даркор аст. Ва дар қисми сиёсат ҳам камубеш кор кардани ман даркор аст.
Ин ҷо ман дар бораи тарсидан ё натарсидани онҳо чизе гуфта наметавонам. Чунки роҳбари мо устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бисёр одами ботамкин ва оқилу доно буданд. Ҳис мекунам, ки он кас ҳам аз сулҳу салоҳ кардани мо ва протоколи оташбас кардани мо дарк карда буд, ки дар дохил агар онҳое, ки ҷанг мекунанд ба сулҳу салоҳ оянд онгоҳ онҳо чора надоштанд ва маҷбур мешуданд ба ин итоат кунанд ба ин чиз бештар ва зиёдтар аҳамият диҳанд. Ва дар воқеъ агар исботи фикр ҳам, ки хоҳед ҳамаи гуфтушунидҳо ва музокиротҳо, ки то ин вақт миёни ҳукумат ва мухолифин ҷараён дошт баъди ҳамин протоколе, ки дар Ғарм омода шуд як каме ба таҳрик даромад. Аммо бо вуҷуди имзои Протоколи Ғарм ман даст рӯи даст нанишастам. Азбаски бархе аз бародарҳоямон муқобили ин протокол баромада ман ҳамроҳ бо Абдунабӣ Сатторзода барои фаҳмонидан ба Афғонистон рафтам. Дар Афғонистон Шӯрои Наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор гардид. Ман дар ин ҷаласа, ки тақрибан аз шаши бегоҳ то шаши саҳар идома дошт фаҳмонидам, суханронӣ кардам. Шоҳид Абдунабӣ Сатторзода ҳастанд, ки дар он ҷо чӣ қадар ҷангу ҷанҷолҳо доштем. Дар ин Шӯро ман исбот кардам, ки он чи мо кардаем дуруст аст. Баъди вай боз Тоҷикистон омадам. Боз гапу ҳарфҳо зиёд шуданд ва даъват ба Эрон шудам. Рафта дар Эрон ҳам фаҳмонидам, ки он чи ки ман имзо кардам онро дуруст мешуморам. Баъди ин протокол ба ростӣ сару садоҳои мухталиф зиёд буданд. Маро дар аввал бисёрии рафиқҳо дастгирӣ накарданд, ки сулҳ кардаам. Баъд, баъди муддатҳо боз дастгирӣ карданд. Аммо онҳое, ки ҳамроҳи мо буданд, ҳамеша розӣ буданд».

Поёни бахши дуюми Давраи севвум….

Сообщение ҲНИТ, ним қарни пурталотум № 3\2  появились сначала на ISLOH.net.

Э.Раҳмонов дар пушти парда ё махуфтарин пирамарди71сола
(бахши дуввум)

Хонанда ва бинандаи азизи “Ислоҳ”,дар бахши дуввуми ин матлаб низ аз корҳои пасипардагии Раҳмонов,бароятон хоҳем гуфт,яъне идомаи гуфтаҳое,ки дар бахши аввал хондед.

Ин бахш ҳам аз он ҳикоят мекунад, ки “Пешвои муаззами миллат” ва “Асосгузори сулҳу ваҳдат” он нафаре нест, ки дар шабакаҳои телевизонӣ ва расонаҳои Тоҷикистон аз саҳар то шаб дар борааш мегуянду таърифу тамҷидаш мекунанд. Вай як дузди пиёнаска аст, дузди пиёнискае, ки ҳатто  боиси марги Мустафо Давлатов,падарарӯси Рустами писараш шудааст.Ҳодиса ба ҳалокат расонидани Мустафо Давлатовро дар ин қисмат мутолиа хоҳед кард:

ЭШ.Раҳмонов Маҳмадназар Салиховро барои чӣ кушт?

Дар таърихи 29 январи соли 2009 маҷлиси солонаи ҳукумат зери раёсати  Раҳмонов гузашт. Раҳмонов, ки аз қабл омода мешавад, раиси КДАМ Абдураҳимов Хайриддин, Прокурори Генералӣ Бобохонов. Бобоҷон, вазири дохилӣ Салихов.М ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Шерхон Салимзода ва чанд нафари дигарро хезонда супориш доду гуфт, ки шинед. Ҳама дар ҷойҳояшон нишастанд.

Баъди сонияҳои башумор Раҳмонов ба Салихов Маҳмадназар, вазири дохилӣ нигоҳ карда бо ғазабу қаҳр гуфт «Салихов ақибут вазнин шидай, гушт гирифтай, бе иҷозат мешинӣ, ку. Ту да ҷавоб,  зала холӣ ку» ва ӯро ба мисли Шариф псих аз зал пеш кард. Маҳмадназар Салихов гуфт «муҳтарам Президент Шумо як лаҳза пеш ба ҳама гуфтед, ки шинед, ман ҳам дар қатори дигарҳо нишастам. ё товба» гуфту сумкаашро гирифту аз зали маҷлис баромада рафт.

Баъди ин Раҳмонов кафиду ба мисли хушдомани дуюм, ба мисли занҳое, ки шаб шавҳарашон ба хона намеояду ҳамхобагӣ намекунад ва чунин занҳо ошуфта шуда   зуқзуқ карда мегарданд, ба зуқидану сиёҳ кардани Салихов Маҳмадназар сар карду ба мақомот супоришҳои қатъӣ ва фаврӣ дод, ки аз қафои Салихов Маҳмадназар тафтишоти пурра гузаронеду ба ман ҳар рӯз ахборт пешниҳод намоед.

Баъди ин супориш тамоми мақомот ва шахсоне, ки ба Салихов Маҳмадназар қасд доштанд, якбора боҷуръат шуданд. Аз ҷумла раиси Дастгохи иҷроияи Президент Амиршо Миралиев (қунғузи сиёҳ) аз Данғара, сардори Раёсати милисаи Душанбе Саидов Фаттоҳ Ғоибович аз Данғара, сардори КДАМ-и Душанбе Ҷалов Абдулазиз (бо кличкаи Кучкар) аз Данғара Бузмаков Абдураҳмон, сардори УУР МВД аз Данғара, раиси Суди Олӣ Абдуллоев Нустатулло (бо лақаби қурбоқа) аз Кангурт, директори Агентии зидди коррупсия Шерхон Салимзода аз Кангурт, Прокурори Генералӣ Бобохонов Бобоҷон. аз Вахш, сардори интерполи МВД Шералӣ Сабзов (Шери биннии обиженний. Вақте вазири дохилӣ Салихов Маҳмадназар ба вилояти Хатлон рафта дар бинои УВД-Қурғонтеппа маҷлис доир кард, сардори УВД Шералӣ Сабзовро аз вазифа озод карда гуфта буд, ки «ту як роҳбари гуруҳи муташаккили ҷинои ҳастӣ. Кӣ туро дар ин вазифа мондааст? Ту як одамкуш, як дузд, як роҳзан ба мисли крышаҳот Ҳасану пасанӣ, ҳамаи шуморо ҷоятон зиндон аст. Ту дигар сардори Раёсати милиса не гуфта аз кор пеш карда  буд) ва Абдуҷаббор Азизов аз Данғара, мушовири давлатӣ оид ба масъалаи кадрҳо   (бо лақаби Мистер Бин) хулас, ҳамаи онҳо як гурӯҳи муташакил ташкил карда ба муқобили Салихов компромат ҷамъ карданду ба Раҳмонов гуфтанд, ки гуё Салихов Маҳмадназар переворот карда ҷойи Шуморо гирифтанӣ будааст ва барои ин кор 20 000 000  доллар аз хориҷа пул ҳам гирифтаст. Агар аз кор намегирифтед, ӯ ҷойи Шуморо ба зурӣ мегирифт. Боз гуфтанд, ки Салихов Маҳмадназар баъди он ки бо Нигина Амонқулова алоқаи наздик кардани Раҳмонов овоза шуд бо Азизмоҳи зани Президент мегаштааст ва ба ӯ изҳори муҳаббат мекардааст. Дар охир Раҳмонов фармони қатли Салиховро бароварда аввал ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдураҳимов Хайриддин Саидович ва ба командири баталиони 3502 Саъдӣ Холмуродов (Саъдӣ- камандир аз Сангтудаи Данғара) супориш дод. Аммо онҳо аз ин куштор руирост даст кашиданду гуфтанд, ки мо ин корро намекунем. Баъдан ба Абдураҳмон Бузмаков аз Данғара ва сардори КДАМ-иДушанбе Ҷалов Абдулазиз (бо лакаби Кучкар )аз Данғара ва ба сардори милисаи Душанбе Саидов Фаттоҳ (сабзибадаст)аз Данғара барои таъмини бехатарии амалиёти куштори Салихов Маҳмадназар дар якҷоягӣ супориши махфии худро дода ба Бузмаков супориш дода буд, ки «Салихова дар дахануш бпарон, коре куненки зинда намона ва съемкашам кневу мара оварда нишон диҳен» гуфта Раҳмонов конкретний супориш дода буд.

17 июни соли 2009 соатҳои18: 00 ба хонаи Салихов Маҳмадназар зиёда аз 30 нафар шахсони маскадори мусаллаҳ бо роҳбарии Бузмаков Абдураҳмон (киллери Раҳмонов) зада даромада Салиховро қапида маҷбурӣ ба дигар хона дароварданд ва ӯро Бузмаков Абдураҳмон паронд. Вақте Бузмаков туфангро ба тарафи Салихов рост мекунад, Салихов мегуяд, ки «Э, Абдураҳмон,э Абдураҳмон, ту чи кор карда истодаӣ, ту шогирди худам, ку». Аммо Бузмако тирро мустақим дар даҳон ва ҷабини Салихов холӣ мекунад

Ин ҳолатро писари Салихов Худоназари 12 сола, ки давида аз паси падараш он хона даромада буд худи ҳамон бегоҳ дар радиои «Озодӣ» гуфт, ки «ма дидум отама дар саруш пистолет монда паронданд». Баъдтар Худоназар ин гапашро бо сардабири газетаи Пайкон Ҷумьаи Толиб (аз Айнӣ) ҳам гуфта буд Аммо дере нагузашта Ҷумъаи Толибро Раҳмонов кушт. Ин маняк ҳеҷ гоҳ ягон нафарро намебахшад, ҳамаро мекушад. Ин президент ба мисли Фиръавн ва Намруд фақат одам мекушаду қасд мегирад.
Чи хеле мебинем, ҳаёт ва зиндагии Раҳмонов ҳамеша бо зулму ситамкорӣ ва куштану зиндонӣ кардани тоҷикони бегуноҳ ҷараён доштааст. Аммо ин Эмомтаппак, алтури пиёнискаи 71 сола ҳеҷ одам ва мусулмон нашуд.

ЭШ.Раҳмонов номард ва моняки №1 Тоҷикистон аст

Солҳои 1992 то 2002 , тули даҳ сол собиқ командирони Фронти Халқӣ Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов, Лангарӣ Лангариев, Ёқуб Салимов, Суҳроб Қосимов Саъдӣ Холмуродов, Саидшо Шамолов, Қурбон Чолов, Ғаффор Мирзоевро истифода бурда ҳукуматшро мустаҳкам кард вале  ҳамаи онҳоро кушт, ба зиндон андохту ба гуфти худаш антипартиний ва беобру ва ба сулҳи тоҷикон хиенат карда заминҳои мамлакатро ба Хитой ва Қиргизистон фурухту мухолифони ҳукумат Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва муҳаммадшариф Ҳимматзодаро заҳр дода кушт, Мирзо Зиёевро (Чагаро) ҳам кушт, Маҳмадрузӣ Искандаров ва Зайд Саидов, аъзои пешини ҳукумати худро ба солҳои тулонӣ зиндон кард ва аъзои баландмақоми Ҳизби наҳзати исломиро тамоман бегуноҳ қисмашро зиндонӣ карду қисми дигарашро аз Тоҷикистон берун ронд. Роҳбари Гуруҳи 24 ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватовро дар шаҳри Истанбули Туркия дар пеши чашми ҳамсару кудаконаш номардона паронд, боқимондаи аъзои ин гуруҳро низ зиндон кард. Лидерҳои Бадахшон, аз ҷумла як нафари инвалид Имомназар Имомназаров ва Маҳмадбоқир Маҳмадбоқир ва садҳо помириро кушту зиндони кард. Ва ошкоро эълон намуд, ки ман супориш додам, ки безарар гардонед. Баъди ин қадар қатлу куштор боз ба наздикӣ ба вилояти Бадахшон рафта ҳолу аҳволи фарзандони кушташудаҳояшро дид.

Мегуянд, ки асосан манякҳо-шахсоне, ки ҳамеша одам мекушанд, баъди куштан  лаҳзае нагузашта ба ҷои куштор ҳозир шуда дар ҷойи ходиса ба кушташуда нигоҳ мекунанду лаззат (кайф мекунанд) мебаранд. Манякҳо танҳо ба аҳли оилаи худ раҳм мекунанд. Дигар ба ягон нафар раҳм надоранд:- на ба кудак, на ба зан, на ба муйсафеду на ба кампир, ҳамаро мекушанд.

Маняки №1 Рахмонов Эмомалӣ Шарипович аст. Аз ҳамон рӯзи аввали ба қудрат расидан тоҷиконро кушту зиндонӣ карду паронд. Аммо то ҳол аз хуни мардуми бегуноҳу бечора сер нашудаасту акнун эстафетаи қатлу кушторро ба писараш Рустами Эмомалӣ ва рафиқи писараш Шоҳрух Саидзода ва Бузмаков Абдураҳмон (Аламшозода) доданӣ аст.
Ҳамаи ин маълумотҳо аз ашхоси наздик ба оилаи Раҳмонов гирифта шудааст, ки ба ҳамаи онҳо сипос арз мекунем.

ЭШ.Раҳмонов чи гуна Мустафо Давлатов, раиси фабрикаи “Ширин” ва падараруси Рустамро ба куштан дод?

Мустафо Давлатов соли 1959 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Совет таваллуд шудааст. Дар 19 солагӣ падари 47 солаи худро аз даст медиҳад.

Барои панҷ додар ва ду хоҳар худ ба мисли падар буду ба модари шавҳарро аз даст дода асою пуштибон.Додарону хоҳарони кучаки у аз меҳри зиёд уро акаҷон садо мекарданд. Мустафо Давлатов дар солҳои Союз дар университет мехонд. Баъд аз вафоти падар ба шуъбаи ғоибона гузашт ва барои таъмини оила ҳам кор мекарду ҳам мехонд.

Дар фабрикаи «Ширин» ба ҳайси коргари одӣ ба кор даромад ва технологияи фабрикаро ҳамчун мутахассиси беҳтарин аз худ кард. Дар солҳои шуравӣ аз зумраи шахсоне буд, ки онҳоро ҷавонмарду сахӣ, бомуомила ва соҳиби эҳтироми ҳама медонистанд.

Касоне,ки аз Кангурту Данғара ба хондан меомаданд,ҳатман ба хонаи Мустафо Давлатов ва ба хонаи Анвари текстил ва акаи Анвари текстил бо номи акаи Мир рахти иқомат меандохтанд. Онҳо ин мусофиронро ҷойи хоб ва ба баъзеи онҳо ҷойи кор ҳам медоданд.
Мустафо Давлатов бисёр шахси бовиҷдон,меҳрубон ва беҳтарин инсон буду ҳамеша ба одамон некӣ мекард.

Бо амри тақдир соли 2009 зани президент Азизмоҳ Асадуллоева дар маъракае духтари Мустафоро дида маъқул мекунад ва чанде пас барои хостгорӣ меоянд. Ҳамин тавр духтари ӯро келин ба писараш Рустами Эмомалӣ доданд. Наворҳо аз ҷараёни ин туйи осмонкафро, ки дар бустонсарои давлатӣ дар Варзоб доир шуда буд, Додоҷони Атовулло журналисти мухолифи Раҳмонов дар шабакаи К+ як барномае таҳия карда буд, ки садҳо ҳазор бинанда дошт.

Хуллас, Мустафо Давлатов бо Раҳмонов қудо шуданд. Баъди қудошавӣ охирон бор дар охирҳои августи соли 2014 Раҳмонов Мустафо Давлатовро бо хоҳиши Азизмоҳ як бегоҳ ба меҳмонӣ даъват мекунад. Дар ин сол алакаи Рустам раиси кумитаи гумрук таъин шуда буд.

Дар хонаи Раҳмонов як мизи калон бо анвои ғизову нуқлу наво таҳия мекунанд ва  Мустафо Давлатов дар ру ба руи Раҳмонов менишинад. Эдики пиёниска, ки бесаброна лаҳзашуморӣ мекарду ҳарду чашмаш ба шишаи арақ буд ва луоби даҳонашро ба зур фуру мебурд, сразу арақҳоро рехта ба Сафар Шералӣ (Алтури 10 %)ба Амиршо Миралиев (қунғузи сиёҳ) мерезаду ба як рюмка ба қудояш Мустафо Давлатов ҳам рехта дароз мекунанд.

Мустафо, ки намозхон буд мегуяд: «Ҷаноби Олӣ ман наменушам, камтар бемор ҳастам». Раҳмонов аз ин тарзи дасти дарозкардааш сахт ба ғазаб омада супсурх шуда ба Мустафо нигоҳ карда мегуяд: «худут муллоӣ чи?? Ё ҳаму фанатико воре арақ намехри ку?? Чи хеле мақоли халқӣ аст: «ҷавоби аҳмақ сукут».

Мустафо, ки шахси бомаърифат буду аз ислом ҳам бохабар хомуш истода сарашро хам мекунаду ягон гап назада дасташро дар пешаш монда, узр, бахшиш Ҷаноби Олӣ мегуяду тамом. Аммо арақро ҳатто дар дасташ намегирад.

Ба нишони нороҳатӣ аз ин кори Мустафо Раҳмонов бо сабутилникҳояш пайи ҳам арақро бисёртар менушиду сахт маст мешавад. Хомшурбои гушти гусфандро бо арақ мезананд. Раҳмонов ширкайф мешаваду ба Мустафо Давлатов, раиси фабрикаи «Ширин» нигоҳ карда мегуяд: «ку чи проблема дорӣ, чи гапай дар фабрикат, ку нақл ку, неке ростша бугу натарс, чи гапе ҳаст бугу»

Мустафо дар аввал мегуяд ягон проблема нест, ҳама хуб аст. Аммо Раҳмонов вақте ки маст мешавад, дигар як гапро сад бор гуфтан мегирад,ранги пластинкаи рустшудагӣ такрор кардан мегирад: ку бугу чи проблема дорӣ, мо аку қуда шидем хешу табор шидем, ростша бугу ку гуфта Мустафоро намемонад, як қошуқ хомшурборо хурад. Ҳамин тавр маҷбур шуда Мустафо Давлатов ба Президент мегуяд:  «Ҷаноби Олӣ» мо хамин фабрикаро худтон медонед, ки аз нол сохтем. дар вақтои ҷанг намондем, ки раскулачит кунану оҳанпора карда буфрушан,ҳамаи абарудованиёша нав кардем. Мо ҳамаи сирёи маҳсулотора аз молҳои ватании тоза мекунему то тамомшавии маҳсулотмон мисол шакалад ё канфитомон 23 сомонӣ то 25 сомонӣ як килош меғалта. Неке як хел соҳибкоро канфиту шакалатора аз берун, аз хориҷа мисол аз Хитойю аз Россия миёран (бизнесменои ургутӣ, Таҳминаи клеопатра крышавать мекардагиҳо) дар мағозаҳояшон килояшро 18 сомонӣ мефурушан. Ма ҳайрон мешам, ки агар растаможка шаванд, транспортний расход кунан, андози давлата супоран, не можеть быть иқа нарх шавад, контрабанда медарорану савдои мора мезанан, дига маҳсулоти қиммати мора кӣ мехарад ??

Ҳамин гапро Мустафо Давлатов мегуяд, ки Раҳмонов дар ин лаҳза хомшурбои гусфандиро бо арақ ба мисли хук мехурд қошуқро бо ситезу ҷаҳл ба косаи шурбо партофта ба тарафи Мустафо бо ғазаб мегуяд: «аку чи ба и гапи худут гуфтании ки аъзои ҳукумати ма дузданд, контрабандистанд, Президент кор намекна, вазири гумрук (Рустам бачаи ма ва домодат)  борора контрабанда медарора? вазири налог медузда, бюҷети давлата, Президент медузда ай бюҷет?»

Раҳмонов, ки сахт маст буд, дигар хап намекард. Бечораи Мустафо фикр мекард, ки бо як шахси доно, бо як шахси оқилу бомаърифат қудо ва хеш шудааст,аммо ҳайҳот бо як пирхари пиёнискаи беақлу хар қудо шуда будааст.

Баъди ин суханони Раҳмонов аҳволи Мустафо бад шуда ва дилашро қапида   бо овози пасти хиросӣ мегуфт: «Ҷаноби Олӣ шумо мара нодуруст фаҳмидед, ма ҳақиқата гуфтум» мегуфту Раҳмонови пиёниска бошад ба сари шахси бемор ба мисли занҳои бадфеъл доду  киноя мезад. Бо ҳамин меҳмондории Раҳмонов тамом шуду Мустафоро аз хонаи вай рост бо мошини додараш ба беморхонаи Қараболо ва аз онҷо ба Москва ва дар Москва Мустафо Давлатов дар таърихи 08. 09. 2014 сол дар сини 55 солагӣ ҷон дод. Ин аст меҳмондории Раҳмонови палиду касиф, ҳатто қудои худро аз беақлӣ ва аз ноодамӣ кушт.

ЭШ.Раҳмонов ва “хари Манижа Давлатова”

Соли 2005 клипе бо садои сарояндаи овозадор Манижа Давлатова паҳн шуда буд. Дар ин клип Манижа Давлатова дар як аспи сафед нишаста буд ва касе бо ниқоб инони ин аспро қапида мебурд. Одамон дар бораи ин шахси ниқобдор баҳс мекарданд. Ҳамчунин дар бораи аспи сафеди калони зери поҳои Манижа низ баҳсҳо дар авҷ буд, ки он аз они кӣ бошад?

Айнан дар он солҳо дар осоишгоҳи Муродалӣ Алимардонов дар тарафи Ҳисор бо иштироки Раҳмонов, Амиршо Миралиев (қунғузи сиёҳ) ака Раҳмонов Нуриддин (тракторист) Шералӣ Сафаров (собутилник ва ҷураи Раҳмонов) ва чанд нафари дигар ташкилии сахт карда дар телевизори калон-домашний кинотеатр клипҳои ҳофизаҳоро монда тамошо мекарданд.

Баъди клипи як ҳофиз ҳамин клипи Манижа Давлатова бо номи «Беҳтар аз ҷон» руи экран пайдо мешавад. Ин клипро Раҳмонов, ки сахт маст буд, тамошо карда   дар он ҷойе, ки Манижа дар аспи бузбалаи калон нишаста буд, стоп кадр мекунаду дар пауза мемонад ва тарафи Алимардонов бо ғазаб нигоҳ карда мегуяд: «ҳа Муродалӣ и аспи киай, худут и бевада аспта додай? ку иҷа биё?” Дигар ҳама нишастагон хомуш монда хап мешаванд. Бечора Алимардонов аз тарс дарақ дарақ  ларзида ба тарафи Раҳмонов бо овози ларзон мегуяд: “Ҷаноби Олӣ и хари ман нест,ааа и аспи ман нест. Мебахшед ин аспи Хол Машраб аст» мегуяд. Раҳмонов вақте Алимардонов «ин хари ман нест» мегуяд хандааш мегираду механдад. Дигар ҳама якҷоя дар ҳоли Алимардонов механдиданду ӯ бечора намедонист чи кор кунад ва ба Раҳмонов мегуяд, ки Ҷаноби Олӣ ош тайер шудаст, кашам? Инҳо, ки ҳама маст буданд, боз якбора механдану Раҳмонов мегуяд: «бра оша кати хари Манижа буху». Ҳамаи дар онҷо нишастаҳо боз дар ин гапи Раҳмонов ба Алимардонов ишора карда механданд.

Алимардонов боша бечора аз ин ҳолат дар шок афтода ба мисли ходаи қабр ноҷунбон мешавад. Баъди муддате Раҳмонов бо Сафар Шералии алкаш мегуянд, ки «бра оша биёр аку» ва боз рюмкаҳои пур аз арақро бардошта барои хари Манижа менушем гуфта механдиданд.

Баъди лаҳзае Раҳмонов ба касе занг зада дар бораи Хол Машраб раиси нохияи Рудаки пурсон шуда мегуяд, ки прикази Хол Машрабро барореду рӯзи душанбе ба столи ман биёред, имзо мекунам, аз кор озод кунед. Ҳарду рухсорааш ранги куни маймунсуп сурх шуда руйи Сафар Шералӣ ҳам аз арақи сурх шуда буд.   Раҳмонов ба Сафар Шералӣ нигоҳ карда мегуяд: «рувот ранги лаблабуи сурхак сурх шидай ку, Сафар Шералӣ тинҷиай?» ва боз ҳамакаса  механданд.

Ҳамин тавр Раҳмонов, ки бисёр кинагиру қасдгир аст Хол Машрабро барои аспи худро ба клипи Манижа Давлатова додан чап мегирад. Хол Машрабро, ки дар хизмати худи Раҳмонов, Таҳминаи духтараш ва Азизмоҳи занаш қарор дошт, ҳамаи хуроквории хонаи ӯро таъмин мекард аз кор гирифт. Нисбаташ фишору таҳдид сар шуду ӯро ба инсулт оварда расониданд. Соли 2008 бо супориши шахсии Раҳмонов дар вақти сафар ба Москва ӯро дар аэропорт дастгир карданд ва дар ҳамонҷо фишори хунаш баланд шуда дилаш заду рост ба беморхонаи Қараболо оварданд. Муддати даҳ сол Хол Машраб бемор буд ва соли 2018 аз дунё гузашт.
Айни замон писари Хол Машраб, раиси бозори Корвон ними бозорашро ба Рустам дода то ҳол дар хизмати ин авлоди қотили гушна қарор дорад. Ба ҷойи он ки худро аз ин авлоди қотил дур гирад дар хизмати оилаи Раҳмонов боқӣ мондааст.

Амиршо Миралиев 800 млн$ чихел дуздид ва деҳқонҳоро қарздори абадӣ кард?

Солҳои 1996 то соли 2000Амиршо Миралиев (зодаи нохияи Данғара) бо лақаби қунғузи сиёҳ мушовири президент оид ба сиёсати кадрӣ (баъди ӯ Абдуҷаббор Азизов бо кличкаи мистер Бин аз ноҳияи Данғара, айни замон Асадулло Раҳмонов бо лақаби Сумбулоғо аз ноҳияи Данғара) яъне советник по кадрам буд.

Ин шахс яке аз порахуртарин шахси наздики Раҳмонов ва яке аз дуздтарин мансабдор ба ҳисоб меравад, ки дар он вақтҳо фурӯши вазифаҳои давлатиро ба Раҳмонов маҳз ҳамин шахс ёд дода аввалин маблағи сад дусадҳазор доллар пораро ба Раҳмонов маҳз Амиршо Миралиев дода буд.

Баъди таъин гаштанаш ба вазифаи раиси вилояти Хатлон соли 2000 то 2006 Амиршо Миралиев бо акаи Президент Нуридини тракторист ва бо Илҳом- командир аз Ботуробод бойфренди пешини Таҳмна бо Шералӣ Сабзов (бо лақаби Шери бинӣ) сардори УВД-и вилояти Хатлон бо раиси Суди Олии Тоҷикистон Абдуллоев Нусратулло (бо кличкаи қурбоққа) бо ҳам масъалаи азхуд кардани маблағҳои бениҳоят калонро, ки қариби як миллиард доллар буд, маслиҳат карда бо Илҳом -командир шартномаҳои фючерӣ карда маблағи 722 000 000 (ҳафтсаду бисту ду миллион доллари ба таври гранти бебозгашт воридшударо ) бо роҳҳои мошшеникӣ ва сохтакорӣ пурра аз худ карда 400 000 000 (чорсад миллион долларашро обналичить карда ба Президент Раҳмонов ва акаи трактористаш Нуриддин Раҳмонов дода боқимондаи ин маблағҳоро байни худ тақсим ва аз худ карда буданд.

Амиршо Миралиев баъди аз вазифаи раиси вилояти Хатлон озод ба вазифаи раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент таъин шудан бо маслиҳати пешакӣ бо Раҳмонов ба номи Президенти Тоҷикистон пешниҳод навист, ки маблағҳои барои деҳқонони пахтакор ба таври фючерӣ ҷудошуда аз эътибор соқит карда шаванд (яъне списат карда шавад ) Ва ҳамин тариқ ба таври взаиморасчет ин маблағҳоро пурра аз эътибор соқит карда ба киссаҳои худ заданд. Ягон нафари онҳо то ба ҳол барои ин ҷинояти сангини иқтисодӣ, дуздии моликияти давлат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудаанд. Аммо ҳазорҳо деҳқон то имрӯз аз ин оила ва бонкҳо қарздоранду хеле аз деҳқонҳо аз кишвар берун рафтанд.  (танҳо Илҳом –командир, ки миллаташ қалуғ аст ва бо Таҳмина Раҳмонова-клеопатра, духтари Президент солҳои 2000- 2003 ошиқ маъшуқ буду шабу рӯз бо вай дар Дубай, дар Турция якҷоя отдих мекард, бо ҷурми мошшеникӣ  ё кадом гуноҳе дар зиндон қарор дорад.

Мегуянд, ки Илҳом -командир бо домодаш якҷоя бо писари Ҳикмати Ракашети кулобӣ собиқ корманди 6ум отдели Қурғонтеппа) духтарашро, ки шавҳар дошт бо ёрдамчии муовини вазири дохилӣ Навҷувонов соли 2019 дар вақти зино карданаш қапида ин корманди ВКД-ро, ки помирӣ буд,таги мушту лагат қарор дода кляки ӯро мешикананд. Барои ҳамин Илҳом -командирро бо домодаш ба ҳабс гирифтаанд. Аз даҳони халқ мегуянд, ки вақте Таҳмина Раҳмонова бо Илҳом муносибатҳои шаҳвонӣ дошт шавҳардор буд. Зани Зубайд Гулов буд. Барои ҳамин мақоли халқӣ ҳаст: «назан дари касеро,ки мезананд даратро».. Ё инки зино қарз аст ва  бармегардад ба ту ва хонаводаат…

Аҷоибии кор ин аст ки баъзе шахсонро барои сад ё дусад доллар бо пора дастгир кардем гуфта кали Фаттоҳ директори собиқи Агентии зидди коррупсия як духтури бечора ва ё як муаллими бечораро, дар телевизионҳо нишон медоданд. Аммо ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ бо роҳбарии Президент Эмомалӣ Раҳмонов қариби як миллиард доллари бюҷетро руирост дуздида аз худ мекунанд, нисбати онҳо ягон чораҳои қонунӣ андешида намешавад. Ин танҳо як маврид аз ҷиноятҳои онҳо буд. Чунин ҷиноятҳои иқтисодиро садҳо-ҳазорҳо маротиба Раҳмонов Эмомалӣ содир намудааст.
Суруди “Ман масту ту девона” Парда Қосимро анти партив кард

Дар соли 2007 овозаи касали дил шудани Парда Қосим, рафиқи Раҳмонов ва «ҳофизи дарборӣ» ҳам мегуянду дар ҳама концертхои давлатӣ ҳатман баромад мекард паҳн шуд. Чанд муддат аз экранҳои телевизион ва консертҳои давлатӣ берун ва яку якбора нопадид шуд. Сабаби асосии ин ҳолат он буд, ки Раҳмонов дар як аз ташкилиҳо бо рафиқонаш дар Пуғузи Варзоб-бустонсарои ҳукуматӣ Пардаро ғам медиҳад. Дар ин ташкилӣ ҳам Асадулло Раҳмонови Сумбулоғо масъалаи «кадрҳои арус»ро дида буд. Раққосаҳои ансамбли Падида ҳам инҷо ҳузур доштанд. Парда Қосим ва дигар овозхонҳо ҳам даъват шуда буданд. Ҳама арақнушӣ мекарданд.

Дар ин маърака Раҳмонов Э.Ш бо Сафар Шералии рафиқаш аз Булёни поёни Данғара -бо лақаби Алтури 10% (барои он ин лақабро монда буданд, ки Сафар Шералӣ дар вазифаи муовини аввали вазорати молия кор мекард, маблағҳои бюҷет- казначействаро роҳбарӣ карда аз ҳар маблағе, ки ба вазоратҳо, аз ҷумла ба вазорати мудофиа, МЧС, хадамоти гумруку андоз масалан як миллион сомонӣ гузаронад, даҳ фоизи ин маблағҳоро аз худ мекард. Руирост мегуфт, ки ин ҳақи Ҷаноби Олӣ аст. Аз як хел вазоратҳо бист фоиз ҳам мегирифт. Аммо аксари вақт маст буд. Барои ҳамин Алтури 10% лақаб монда буданд) ва Алимардонов Муродалӣ, Амиршо Миралиев ва Ҳукуматов аз Дангара ва Ҳукумов Амон, раиси Роҳи оҳан аз Қурғонтеппа нишаста арақҳои 5000 доллара ва 10 000 доллараи қимматро нушида сахт маст шуда ба мисли хукҳо дар заминҳо ғел мезаданду мерақсиданд.

Кунҳои раққосаҳоро ба мисли тавлак ё доира Раҳмонов Эмомалӣ бо дастонаш таптап мезаду ҳама механдиданд. Дар ин вақт Парда Қосим суруди «Ман масту ту девона,Моро кӣ барад хона»-ро хонда кала меҷунбонд.

Ин ҳолатро чунин нақл ҳам кардаанд: Парда Қосим ҳангоми хондани ин суруд «Ман масту ту девона.. “ гуфта дасташро ишора ба тарафи Эмомалӣ Раҳмонови сархуш карда хонда будааст. Боз ин корро чанд бор такрор ба такрор карда, ки Эмомалии пиён девона шудааст аз ин кораш.

Аввал Рахмонов, ки сахт маст буд, дар ҳавои садои Парда калаашро ҷунбонда гуё кайф мекард ва боз кунҳои раққосаҳои ансамбли Падидаро, ки аксарияти онҳо 16сола ва 17сола буданд, таблак мезаду баробари Парда Қосим ҳамовозӣ мекард. Аммо яку якбора каловида- каловида ба назди Парда рафту ба ӯ дарафтода як шапалоқ ба руяш зада микрофонро аз дасти Парда Қосим гирифта ба микрофон ба тарафи ӯ гуфт: « Киай дддддевона?? Киииайй Ммммастт ммммааарррра гуффтесттии?? Аааа занавесскааа, хууудддут номммут занавескааайюю» гуфта қариб аз пой меғалтид. Аммо Муроди охранааш ва як Муроди Азимов (Муроди Сиёҳ хам мегуянд ӯро аз Кулоб) ва бо Мансур Умаров, сардори ҳайати охранаи президент он вактхо буд Президентро қапида ба мисли кундаи пусидаи дарахт кашола карда ба тарафи ҷойи отдихаш бурданд. Дар вақти кашола карда бурдан   Раҳмонов Э.Ш аввал аз даҳонаш арақҳои хурдааш берун баромада ба мисли хукҳо партофтан гирифт ва руйяш ба мисли куни маймунҳо суп- сурх шуда буду дигар мадори роҳ гаштанро надошт. Дигар аз қафои Рахмонов ҳама медавиданду Амиршо Миралиев (қунғузи сиёҳ) Ҳукумов Амон (Амони калуш )ва дигарон ҷамъ шуда ба даруни бинои ҷойи истироҳати Президент дароварданду дигар бечора Парда Қосим шахси сабзина аз тарс ба мисли мурдаи даҳруза гоҳо кабуд мешуду гоҳо дилашро қапида дар як стули дача назди об нишаста базур нафас мегирифту охиран аз охрана ва кадом шофери дастгоҳи иҷроия илтимос кард, ки ӯро ба болницаи медгородок бубаранд. Ҳамин тавр ӯро гирифта ба як мошини РТ -и Волгаи сафед савор карда ба беморхонаи Медгородок бурданду хобонданд. Баъд рухсат шудан аз беморхона Парда Қосим дар хонааш табобат карда тарсида менишаст. Рахмонов бошад баъди се руз запой рафтан ба худ омада бо як сафари корӣ ба Русия рафта омаду ҳамин тавр бо гузашти чанд моҳ аз Асадулло Раҳмонов (сумбулоғо) раиси телевизион ва радио мепурсад, ки Парда Қосим дар телевизоро наметова куҷода боша? Асадулло Раҳмонов тарсида тарсида ба Рахмонов мегуяд, ки баъди он шаб ӯ ба беморхона афтид Ҷаноби Олӣ? Кадом шаб чи гап шид, ки??гуфта мепурсад Раҳмонов. (ба ёдаш нест, ки ӯро як шапалоқи обдор зада буд, чунки ба мисли хар сахт маст буду намедонисту намефаҳмид, ки чи кор карда истодаасту чи гуфта истодааст. Ҳамин тавр боз Парда Қосимро даъват карда мегуянд Ҷаноби Олӣ аз гуноҳат гузаштааст, биё аку, неке дига дар вақтои мастиш ихели сурудора нахон гуфтаанд.

Парда Қосим, ки камкам шух аст гуфтааст, ки «ма ҳами Ҷаноби Олира қариб бист солай мебинумша, мешносумша, ягон вақкт ҳушёр надидагиюм, даже дар ҷанозаҳо ҳам и Ҷаноби Олӣ менуша баъд ҷаноза мерава» гуфта механдад ва мегуяд, ки ин шапалоқи падарона буд, ма хафа нестум ҳеҷ гоҳ.

Поёни бахши дуввум, мо албатта боз хоҳем гашт ба ин қиссаҳо ва ҳаёти пушти пардагии ЭШ.Раҳмонов дар ояндаи наздик. Аммо бо шакл ва услуби дигар ва дар ҳолати муносиби дигар. Бо “Ислоҳ” бошед,то аз ҳаёти пушти пардагии ин пирбузбалаи 71 солаи махуф огоҳ гардед!

Сообщение Э.Раҳмонов дар пушти парда ё махуфтарин пирамарди71сола                                         появились сначала на ISLOH.net.

Суҳроб Қосимовро кӣ кушт ва чаро Суҳроб Раупов ба ҷойи ӯ омад?
(бахши аввал)

Ё капитане дар се сол генерал шуд ва бояд вазири дохилӣ шавад

Генерал Суҳроб Раупов Суҳроб шогирди Сӯҳроб Қосимов аст. Вай айни ҳол фармондеҳи қӯшунҳои дохилии вазорати корҳои дохилӣ мебошад. Оянда вазири корҳои дохилӣ ҳамин кас мешавад.Ин ҳарфи худи мақомдорони баландпоя аст.Ин шахс яке аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ мебошад.

Манбаъи “Ислоҳ” афзӯд : Дӯстии Генерал Суҳроб Рапуовро бо Рустами Эмомалӣ бо чашмони худам дидам ва хуб ҳам медонам. Ҳеҷ туҳмате ва ғарази шахсие ба ӯ надорам,танҳо филми “БЕШАРАФОН” 4  маро ба додани ин маълумот ба шумо намуд. Агар ин филмро намедидам чунин маълумотҳоро ҳаргиз ба шумо намедодам.

» Сӯҳроб Раупов аз Данғара мебошад, писари ҳочӣ Орзу.Аз соли 2017 ба ин тараф назорати вазъи ВМБК дар вазорати корҳои дохилӣ ба ӯҳдаи ӯ гузошта шудааст. Ин генерал вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзодаро тамоман «признават» намекунад. Ва ба ӯ ягон ҳисобот намедиҳад гӯем ҳам хато намекунем.»

Албатта, Рустам ҳар куҷо равад, пеш аз рафтанаш амниятро дар онҷо таъмин мекунанд.Вале агар пеши Суҳроб Раупов равад худаш бо ронандаш меравад, яъне боварии комил дорад, ки дар пеши Суҳроб Раупов амният таъмин аст. Суҳроб Раупов аввали соли 2015 ҳамагӣ рутбаи капитан дошт,аммо давоми се- чор сол ҳамаро, майёрӣ, подполковникӣ, полковникиро тай карду  ҳозир генерал аст. Ин хел рутбагирии босуръат, «досрочно» генералшавӣ на ба ҳар кас муяссар мешавад. Дар чорраҳаи ЦУМ –фурӯшгоҳи марказии Душанбе як казино доранд, ки аз худи Рустам мебошад, дар онҷо наздикони Рустам ҷамъ мешаванду кайфу сафо мекунанд.

«Дар бораи Суҳроб Раупов дар расонаҳо ягон гап нест ва намешавад. Ин ба маънои он аст, ки ӯ ва номашро айни ҳол доғдор карданӣ нестанд. Чунки сари ӯ ҳисобҳо доранд, бояд баъдан вазираш монанд.»

Ман аз Суҳроб Раупов шикоят карданӣ нестам, чунки шахси бад нест, вале дӯсти Рустам ки ҳаст ва дар хидмати Раҳмонов, ки ҳаст дар гумон аст, ки то охир одами хуб бимонад. Круги инҳо афроди хуб надорад гӯем ҳам мешавад. Ҳамаашон дар ҷиноятҳое мешавад шариканд. Ман худам  корманди вазорати корҳои дохилӣ ҳастам. Ҳоло ҳам  хизмат карда истодаам. Азбаски хидмат на барои давлат, хидмат барои Раҳмонов аст хело хаста шудаам. Ҳақиқатро дар шумо мухолифон бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дида истодаам. Дар шумо ҳақиқат дар гуфтор ва амалкардҳоятон мебинам. Ягона роҳи наҷоти ин миллатро дар шумо мебинам.

«Маъракаи бадномсозии ҲНИТ  дар вазорат ва ё тавассути кормандони ВКД ва КДАМ дар чанд соли охир бо суръат амалӣ мешуд,ки мани ноогоҳ ва кадре дар Русия таҳсил намударо ба омӯзишӣ ҲНИТ маҷбур кард. Ончунон омӯхтам ин ҳизбро, ки аз якхел аъзои он бештар маълумот пайдо кардаму медонам. Аз таъсис ,то ба қудратрасии солҳои 90ум ва мубориза ва сулҳу баргашти ин ҳизб. Ҳамин қадар фаҳмидам,ки просто қурбонии амбицияҳои нопоку ғаразноки “Пешво” шуд. Ин хулосаи ончӣ бардошт намудаи ман буд.»

Он чи дар мавриди шумо рабт дорад мехостам дар эфиратон баромад кунаму онро ба мардум расонам. Аммо бародар Муҳаммадиқбол маро бубахш, ки наметавонам. Акнун мо пушт надорем вазир ҳам нашавем,корамонро содиқона анҷом дода истодаем ва мунтазири пирӯзии мухолифон ҳастем. Маро аз садоям мешиносанд. Хулоса гапи шумо дар тамоми Тоҷикистон ҳаст ва мардум шуморо мешиносанд ва аз шумо як умеде доранд, ки шумо ин ҳукумати диктатуриро аз байн мебаред. На фақад мардум, мо афсарони мақомотҳои воқеии қудратӣ.

Генерал Суҳроб Раупов барои чӣ ба ин вазифа таин шуд?

Бароям агарчӣ аҷобате надошт, ки чаро Суроб Рауповро пас аз Суҳроб Қосимов чаро ба ин вазифа гузоштанд. Чун, ки дар назари ҳар шахсе чунин менамояд, ки ӯ аз Данғара аст ва Суҳроб Қосимов ҳам аз Данғара буд.

Аммо гап дар ҷойи дигар аст:

«Суҳроб Қосимов қумондоне, ки ҳамеша аз Раҳмонов ҳимоят мекард ва аз Данғара буд. Раҳмонов дигар намехост ҳеҷ касе худро ҳимояткунанда аз ӯ гуфта ва фахр кунад, ки ман туро чанд бор аз чанги ин қумондон, он қумондон наҷот додам. Агар ман намебудам туро чунину чунон мекарданд. Дар ҳақиқат Суҳроб Қосимов то охир аз Раҳмонов ҳимоят мекард ва аз чанги чандин зӯрмандон ӯро наҷот дода буд.»

Ин масаларо намехоҳем бори дигар инҷо бештар шарҳу тафсир намоем.

Танҳо бо як воқеае инҷо, ки чӣ гӯна Суҳроб Қосимов Раҳмоновро аз чангаш наҷот дода буд иктифо менамоем.

Шоҳиди ҳодиса чунин ба “Ислоҳ” гуфт:  “Мустафо командир яъне ӯ Мустафо Тағоев лақабаш Қӯрбошӣ аст, ӯ асл аз Чорбоғи ноҳияи Варзоб аст. Дар қисми ҳарбии 35 02 аз одамони наздики Сӯҳроб Қосимов буд, вақте Сӯҳроб рутбаи генерал майор гирифт рутбаи полковникияшро ба Мустафо дод, инро барои он Қӯрбошӣ ном гузоштаанд як вақто риши дароз дошт тарафдоронаш ӯро Қӯрбошӣ ном гузоштаанд ба номи Тағаи Қӯрбошӣ, ки дар филми Ҷӯра Охотник бо риш нақш бозидааст.

Мустафо ҳам фамилияаш Тағоев аст барои ҳамин ӯро ба мисли Тағаи Қӯрбошӣ мегуфтанд.”

Вақте пурсидем,ки чӣ ҳодисае рӯх дода буд онро мегуфтед :

“Соли 1997 дар қисми ҳарбии 35 02, ки дар Қулпистаи Варзоб ҷойгир аст, Мустафо Командир онҷо зодрӯзашро ҷашн гирифт, дар он рӯз ба фармони Мустафо Президентро ба части Сӯҳроб Қосимов оварданд. Ман онҷо будам дидам, ки мошини Волгаи газ 31 омада дар бари штаб манъ карду аз дарунаш президент фаромада давида назди Мустафо рафта хост бо ӯ дудаста салом кунад, як вақт дидам Мустафо Командир президентро дашномҳои қабеҳ карда бо мушту лағат президентро задаистодааст. Он вақт Мустафо арақ нӯшида пиён буд мехост дар рӯй президент пешоб кунад, кабинети Сӯҳроб Командир дар дуюм ошёнаи штаб буд ӯ Мустафоро аз тиреза диду аз кабинеташ баромада назди Мустафо омада аз дасти Мустафо Президентро халос карду Мустафо то ба мошин савор шидани президент чанд шатаи дигар дар куни Раҳмонов заду гуфт: Агар Командир намебуд ман дар даҳани ту пешоб мекардам номард.”

Ҳодисаҳои дигаре дар мавриди наҷот додани Раҳмонов аз дасти дигар командирон, ки Суҳроб Қосимов восита ва хотирандоз шуда буд зиёданд.

Бар ивази ин ҳама хизматҳо Суҳроб Қосимовро Раҳмонов дӯст намедошт ,чун ки ӯ хело зиёд медонист ва Раҳмонов дар чашмаш як шахси беқадр буд. Ҳатто бо нақли зиёде аз генералҳо ҳатто Раҳмонов номи Суҳробро бад медидааст. Мисоли зиндаи ин гуфта:  Дар яке аз машқҳои ҳарбӣ дар части ДШБ вақте кудакон саф меороянд ва намоишеро иҷро мекунанд. Раҳмонов аз писарбача мепурсад номат чист ? Кудак мегӯяд номам Суҳроб аст. Раҳмонов мегӯяд: “Отат дигар ном наёфт Суҳробат ном кард?” Ва хандида дар назди дигар фармондеҳон сахт ғазабӣ мешавад. Гуфтанд, ки Раҳмонов аз худи Суҳроб Қосимов ва номи ӯ нафрат дорад. Иллаташ ҳамон сирҳо ва аҷзу нотавониии Раҳмоновро бештар донистанаш будааст.

Хуб инҷо манзур аз ҳама ончи гуфтем чизи дигаре аст,ки онро бояд бигӯем.

Вақте Суҳроб Қосимов раиси федератсияи Футбол буд ва Рустам хело мехост ин мақомро бигирад ,чун,ки Рустам ба футбол шавқу алоқаи зиёде дошт ва инро ҳама медонанд. Ба Суҳроб Қосимов дар ин масала баҳс мекунанд ва Суҳроб мегӯяд: “ подсан ҷойятро дон ва ба ҳар кор дахолат накун.” Рустам сахт дар ғазаб мешавад ва ба сари Суҳроб Қосимов бо куни пистолет мезанад. Дар ин ҳолат Суҳроб Қосимов бе ҳуш мешавад ва майнаи сараш осеби сахт мебинад. Ӯро ба Маскав барои табобат мебаранд. Муҳим табобат намеёбад ва пас аз хориҳо ва дардҳои зиёд аз сабаби ҳамон зарбаи сараш,ки Рустам зада буд мемирад.

Ин ҳолатро бачаҳои Суҳроб Қосимов мефаҳманд, чун ки дар ин ҳодиса буданд. Ин гап мебарояд ва қасд гирифтани мешаванд аз Рустами Эмомалӣ. Барои ин, ки аз ӯ қасд нагиранд ягона шахсе ҳама бачаҳои Суҳроб Қосимовро ором карда метавонистагӣ, ана ҳамин Суҳроб Рауповро пайдо мекунанд ва ӯро барои ҳамин ба ҷойи ӯ мегузоранд,то вазъро ором кунад. Суҳроб Раупов мегӯяд ман вазъро ором мекунам ва касе ба шумо кордор намешавад. Аммо барои ман ончи лозим шавад шумо набояд не гӯед. Рустам ҳамаро ба гардан мегирад, ки барои ту ишораи сабз аст ва ҳеҷ бачаи туро касе ҳеҷ коре намекунад, танҳо ту итоат кун ва дар бари мо бош тамом. Суҳроб Раупов ҳам ок мегӯяд, вале ӯро ҳам ҳолдонҳо муваққатӣ мегӯянд. Чун, ки ин оила ба ҳеҷ касе ,то имрӯз раҳм накарда ва то охир бо ҳеҷ нафаре нарафтаанд.

Манбаъи дигари “Ислоҳ” аз ВКД чунин гуфт: «Суҳроб Раупов шахси намозхон ва рӯза ҳам мегирад ва уламои динро сахт эҳтиром мекунад. Ин амали ӯ на ба Рустам ва на ба Раҳмонов писанд аст. Барои ин оила шахси бе имон ва золим лозим аст, то ба ҳар амали ғаири ахлоқӣ ва разолат розӣ бошаду онро анҷом диҳад. Алакай 21 делои ҷиноятӣ дар муқобили Раупов Суҳроб дар КДАМ омода кардагиянд ва инро бо фармони Рустами Эмомалӣ ҳам гуфтаанд. Рустам гуфта будааст, ки бигузоред ҳоло ҳаминхел фикр кардан гирад , вақташ расид мебинед чикораш мекунем.»

Баҳси ду корманди  ВКД  дар мавриди шумо

Тақрибан ду моҳ пеш як баҳсе бо ду корманди мақомоти ВКД шуд. Яке Шуморо гапи сахт мегуфт, дигарӣ бошад мегуфт, ки каҷ бинишин аммо рост бигӯ. Мард он касе ҳаст, ки гапи рост дорад ва ҳамин тавр байни ҳам баҳс доштанд. Баъдан аз рутбадори шарикаш пурсид, ки чаро ту ҳамин Муҳаммадиқболро гапи сахт мегуй?

Вай ҷавоб медод, ки ин мардак нест ва ин фалонӣ  ҳасту ва ғайра мегуфт. Баҳс хеле тӯлонӣ буд.

Шахси саволдиҳанда боз пурсид, ки «бародар гапи байни худамон, ҳамаамон коллегия ҳастем, гапи ҳақа ақалан байни худам бигӯем, ҳамин Муҳаммадиқболи Садриддинро амният тӯҳмат кард, ки эътиқоди мардум бигардад. Агар дигарон инро гӯянд онҳо намедонанд ҳақиқатро, охир ману ту хуб медонем чи фармонҳо шуд, то чи гӯна ба мардум бовар кунонем ин туҳматро. Фармонҳои амали шавии ин туҳматро ману ту …Аммо амният муваффақ нашуд, баракс ин шахсро дар дохили кишвар ба таври густарда муаррифӣ кардем. Ин аз чӣ мегӯяд ? Чаро худатро бо зури бовар мекунонед, ки он туҳматро худат бовар куни?

Капитане дар камтар аз се сол генерал шуд

«Рауфзода Суҳроб Орзу аз 9 май соли 2015 то 9 сентябри соли 2017 аз рутбаи капитанӣ ба рутбаи генерал майор расидааст, ин магар аҷоиб нест? Оддитарин ҳақиқат бошад дар инҷо ба ман гӯед,то ман ҳам аз ин ҳукумат ва президенти он ҳимоят кунам?»

Падари генерал Раупов Суҳроб ҳоҷӣ Орзу дар ноҳияи Данғара на камтар аз100 гектар замини хочагӣ дорад,албатта то онҷое ман медонам. Бародараш як одами бангӣ. Арӯсҳояш асосан духтарони рус ҳастанд. Аз Русия даъват мешаванд ба Тоҷикистон. Суҳроб Раупов як заправка дорад дар пеши сементзаводи роҳи лаби дарёи битонкаи Душанбе. Як Лексус дорад, рақами қайди давлатияш 0139. Чор зан дорад, як занаш дар Варзоб аст. Барои ин занаш дача сохтааст, то ҳол корҳои сохтмонӣ давом дорад. Як хонаи дигар дар пеши ЦУМ дорад. Дар инҷо як зани дигар дорад.

«Як мошин Уазики хидматӣ дорад. Онро Рустам дар зодрӯзи Суҳроб ҳамчун тӯҳфа дод, барои кӯҳу дашт рафтан, номи ин мошинро гоҳо гелик гуфта шухи мекунанд бо ҳам.»

Генерал Суҳроб Раупов ду рақами қайди давлатии мошин дорад, яке рақами милисейский № 1025м01 ва дигаре рақами шахсӣ №1039. Аммо ин ду рақамро дар чанд мошин истифода мекунад.

Генарал Раупов Суҳроб кайфӣ ҳам ҳаст, вақте кайф мекард дохили часть мешуд соати як шаб бошад ёки 4 шаб бошад ёки 4 рӯз бошад барои ӯ тамоман фарқ намекунад, аз силоҳи худаш дар ҳолати кайфият ба осмон тир холи мекунанд вақте тир холи кард маънои ҳолати бонги хатаро дорад.

Вақте бонги хатар шуд на камтар аз 1000 ҳазор нафар ба ҳолати чанги омода шуда ба кӯҳ на камтар аз як тараф 30 ё 40 километр роҳ мераванд сарбозону афсарон.

Худаш бошад бо мошин меравад гоҳе ва гоҳе намеравад ин кор барои ӯ одати доимии буда ва аз ин кор хушаш меояд.

Ин хуб аст вақте сарбоз ба куҳ меравад барои омодабошии размӣ албатта. Бадии ин кор  дар он аст, ки вақте муайян набуд барои рафтан ҳар гоҳе ин кайф кунад ҳайати шахсиро сафар бар мекунанд. Дар ними шаб сарбоз гурусна ва ташна ҳавои сарди зимистон хулоса бо тамоми ҳайат як намуд издеваться мекунад,ки сарбозон ва афсарон мегирянд. Чанд афсари дигар аз ин кори ӯ пай мебаранд ки ин Суҳроб Раупов дар ҳолати кайф буданаш чунин корро мекунад. Гап ба гӯши генерал Раупов мерасад ӯ мегӯяд ки ман кайф намекунам ман агар кайфҳам кунам ин кори ман аст,гап мезадагит дар рӯям гӯед ма медонм чикортон кунам.

Хулоса ин “Генерал” Суҳроб Раупов аз хидмати ҳарбӣ буй намебарад, ҳатто намедонад ки оиннома чист.

Мардонагии ин Генерал дар чист ?

Мардияш дар ин аст ки намегузорад сарбозаш ва ё афсараш зиндонӣ шавад бо  ҳар роҳе набошад сарбозашро халос мекунад. Ҳар ҷинояте ҳам анҷом дода бошад барояш муҳим нест, ӯро озод мекунад. Доим мегӯяд, ки ман бо як занги телефонам тамоми корро ҳал мекунам.

Гоҳ гоҳ пул дорони вазорати корҳои дохилиро муваззаф мекунад, ки омада барои сарбозон хайр кунед, бидуни ҳеҷ фикре  гапашро мегиранд ва омада хайр мекунанд.

Вақте аз тарафи давлат молу ашё мақом дорон тафтиш мешавад. Як чанд ҳуҷҷате ҳаст ки ба шахсони соҳиб мулк пешниҳод мешавад ва онҳо бояд ихтиёран дар он ҳуҷҷатҳо аз дорои худашон маълумот диҳанд. Аммо Генерал Раупов Суҳроб аз дорои худаш ихтиёран гузориш намедиҳад.

«Баъдан аз кумитаи амният шахсони алоҳида бо ин кор ҳастанд онҳо наздаш меоянд ва ҳуҷҷатҳоро бори дигар пешниҳод мекунанд мегӯянд бояд шумо гузориш диҳед вале ӯ мегӯяд чи гузориш диҳам ки шуморо равон кард? Онҳо мегӯянд, ки мо аз кумитаи амният ҳастем ва ин фармон аст. Генерал Раупов мегӯяд рафта ба роҳбаратон гӯед ки Суҳроб Раупов ҳичи надоштааст. Онҳо мегӯянд, ки мо медонем шумо фалон дорои доред бояд онро зикр кунед аз кучо омадаст чиқадар даромад доред. Ӯ дар чавоб доим як гап дорад мегӯяд дорои ман аз рафиқонам аст онҳо ба ман доданд ҳамчун туҳфа ма хдм ҳичи надорм. Брен роҳбартона бген, ки Генерал Раупов гузориш намедодааст. Просто намефораш,гузориш намета. Дига пеши ма ҳар каса равон накунанд,фаҳмиден?»

Зиндагиномаи генерал:

Фармондеҳ Рауфзода Суҳроб Орзу, генерал-майор, таваллудаш 11 декабри 1973, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии иқтисодӣ, соли 2001 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Аз соли 1996 дар умури дохилӣ ба фаъолият пардохтааст;

Сардори ротаи қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии вазорати дохилӣ, командири взводи ротаи комендантӣ-таъминотии қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД,командири взводи ротаи комендантӣ-таъминотии қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД,муовини сардори Ситод оид ба разведкаи қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД. Командири баталёни фаврии қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД, командири полки фаврии таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД.

Раупов Суҳроб Орзуевич аз 12 декабри соли 2017 ба вазифаи фармондеҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.

Поёни бахши аввал…..

Ps: Аз зиндагонии шахсии Раупов Суҳроб ва ҳамсарону фарзандон ва хонаҳою баъзе дороиҳояш ба “Ислоҳ” расидааст вале инҷо намегӯем ва мегузорем онро ба бахши дигар, то комилан ҳамаро санҷему дақиқ кунем ва пас аз он тақдими хонанда ва бинандаи “Ислоҳ” намоем. Агар шумо ҳам шоҳиди ҳар амалӣ ҷиноятии ин генерал бошед ба “Ислоҳ” фиристед, то дар бахши дигар онҳоро низ изофа намоем.

Сообщение Суҳроб Қосимовро кӣ кушт ва чаро Суҳроб Раупов ба ҷойи ӯ омад? появились сначала на ISLOH.net.

Саъдӣ командир аз Раҳмонов ҳимоят кард вале номардона бо фармонаш кушташуд
Саъдӣ-командир кӣ буд,оё ба Эмомалӣ Раҳмонов хеш аст?

Холмуродов Саъдӣ Қурбонович  рӯзи 30.05. 1962 дар деҳаи совхози Ғалабаи райони Советский (Темурмалики имрӯза) собиқ вилояти Кӯлоб дар оилаи муаллим таввалуд шудааст. Солҳои 1970ум ба деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Сангтудаи ноҳияи Данғара бо аҳли оила мекӯчанд. Падараш Холмуродов Қурбон бо лақаби чулоқи Холмуродов, директори   мактаби миёнаи №9 деҳаи Сангтӯда таъин шуд ва бо ин сабаб кучиданд. Саъдӣ ду нома аст. Ӯро Салом ҳам мегӯянд. Ба варзиш ва мусиқӣ завқи калон дошт. Вай фарзанди калони хона аст. Саъдӣ чанд бародар дорад, ки яке аз онҳо Бадриддин аст, ки бо лақаби «Бадики буз» шинохта мешавад. Саъдӣ 4 зан ва 12 фарзанд дорад, 5 писар ва 7духтар. Занҳояш инҳоанд: зани якумаш Сайда, дуюмаш Мастона, сеюмаш Раъно, чорумаш Солеҳа. Солҳои командирияш зани дуюмаш ба номи Мастона аз дунё гузашт. Аз ӯ як духтар дорад ба номи Ҳангома. Писаронаш Аминҷон, Мурод, Муҳаммадҷон, Абубакр, Орзу. Духтаронаш Нигора, Анора, Ҳангома, Нилуфар, Нигина, Фарзона, Марҳабо. Фарзанди калонияш ба номи Нигора духтари зани якумаш асту аз худаш нест, чунки вақте Саъдӣ бо Сайда хонадор шуд, Сайда аз шавҳари якумаш духтаре оварда буд бо номи Нигора. Саъдӣ ӯро мисли фарзанди аслияш нигоҳубин ва калон кард, ба шавҳар дод. Шавҳари Нигора Акрам ном дорад Акрам сардори муҳофизони Бадриддин Қосимов буд. Бадриддин додари генерал Сӯҳроб Қосимов аст. Саъди номи паспортии Саъдӣ аст. Вале дар хона ва дар деҳа Салом мегуфтандаш. Ӯро модараш ҳамеша ба номи Салом садо мекард Модараш Хосият Самадова мебошад, Хосияти модари Саъдӣ бо Майрами модари Эмомалӣ Раҳмонов хола духтар мебошанд. Саъдӣ баъди  хатми мактаби миёна ба Институти тарияи ҷисмонии Тоҷикистон  дохил мешавад. Вай донишҷӯи боғайрату шуҷоъ буд.

Бо бачаҳои бақуввати он вақта, аз ҷумла Исматчаи советский, Ҷомии Данғара, Ёқуби вахшӣ, Саидшои ховалингӣ, Эмоми советский (эмом хуяк) Ғаффор седойи кулобӣ ва Суҳроб Қосимов ошноӣ дошт ва якҷо бо онҳо дар толори варзиши Селхозинститут машқ мекард. Саъдӣ аз кӯдакӣ ба  мусиқӣ бисёр шавқ дошт. Бо Зикрулло Ҳакимов (Зикри Оллоҳ),ки аз деҳаи Сангтӯда аст дӯстии наздик дошт. Аз авохири солҳои 80 ум бо ӯ ба тӯйҳо якҷо ба ҳайси дойрачӣ ва таблакнавоз мерафт. Барои ҳамин Саъдӣ Зикри Оллоҳро дастгирӣ мекард. Дар солхои 1985 то 1992 дар автовокзали Душанбе ба ҳайси  старший контролер фаъолият мекард. Саъдӣ дар назди ГЭС- Бойғозӣ боғ ва ё истироҳатгоҳе барои худаш бунёд карда буд. Рӯзи 14.12.2018 Саъдиро дар дохили оби Бойғозӣ одамони   Раҳмонов ғарқ карда ба қатл расониданд. Ва Саъдиро дар деҳаи Гулистони Сангтӯдаи ноҳияи Данғара ба хок супориданду он деҳаро номашро иваз карда ба номи ҳоҷӣ Саъдӣ гузоштанд, чунки кӯмаки Саъдӣ ба тамоми хонаводаи мардуми Гулистон расидааст.

Хавфи Раҳмонов аз сангтудагиҳо

Сокинони деҳаи Сантӯда, ки Саъдӣ дар онҷо ба камол расидааст, бисёр ҳам ҳақталош, боғайрату шуҷоъ ва қонундон ҳастанд. Онҳо аз ҳамон даврони шӯравӣ намехостанд, ки бо Данғара дар як ноҳия бошанд. Онҳо данғарагиҳоро нағз намедиданд ва онҳоро гушнаву нодида меҳисобиданд. Солҳо 1970-80 чанд  маротиба аризаҳои дастаҷамъона ба Москва навишта буданд, ки деҳаи онҳоро бо Калининобод- САРБАНД-и имрӯза дохил намуда аз ноҳияи Данғара ҷудо намоянд. Чунки Сангтӯда аз Данғара 42километр ва аз Калининобод 18 км фосила дошт.  Бори охир ҳатто дар соли 2009 чунин аризаро навишта буданд. Барои ҳамин Эмомалӣ Раҳмонов ҳамеша аз ин мардум метарсиду дар ҳаросу изтироб аст.

Саъдӣ дар миёни ду майдон

Саъдӣ ҳамроҳи Ғаффор-седой, Исматча ва Ёқуб байни ду майдони Шаҳидон ва Озодӣ хайма зада буданд. Мақсади онҳо ин буд, ки мардуми майдонҳо бо ҳам ҷанг накунанд. Аз ҳамин сабаб баъзе боевикҳои Фронти халқӣ ва Сангак Сафаров онҳоро дар аввал вовчик ҳисобида  приговорҳояшонро хонда буданд. Вақте Саъдӣ-командирро дар солҳои 1995 фармондеҳи баталёни махсуси қисми ҳарбии 3502-и ВКД-  таъин карданд, қумандони оппозитсия Мирзо- ҷага тамоми минтақаи Тавилдараро то Шугнов-кони тиллои Ховалинг ба пуррагӣ ишғол карда гирифта буд. Бо хоҳишу дастури Президент Саъдӣ бо ду нафар сарбозаш ба назди Мирзо ҷага рафта бо ӯ ҳамсуҳбат шуда буд. Ҳатто Мирзо-ҷага аз боғайратии Саъдӣ дар ҳайрат монда буд ва ӯро ҳамчун командири шуҷоъ эҳтиром мекардааст.

Эмомалӣ Раҳмонов-такаи бугин Саёҳат Неъматоваро чи тавр аз шавҳараш ҷудо кард?

Соли 1994 вақте Эмомалӣ Раҳмонов президент шуд ба Саъдӣ-командир супориш медиҳад, ки рафта бо одамонат диктори телевизиони давлатӣ Саёҳат Неъматоваро, ки бисёр зани зебо буд, ба назди ман биёред. Саъдӣ, ки ба президент бовар мекард, рафта ин бонӯи илму ҳунарро ба назди Раҳмонов меорад.   Фикр мекунад, ки ба ин зан ягон вазифа, ё ки унвон медиҳад. Аммо президент ин диктори телевизонро мегӯяд, ки бо ман меистӣ. Саёҳат Неъматова ба президент мегӯяд, ки ман шавҳару чор фарзанд ва хонаи ҳалол дорам. Раҳмонов ба ӯ мегуяд, ки ҳозир шавҳаратро меоранд, аз шавҳарат ҷудо мешавӣ, набошад Саъдиро фармон медиҳам, ки шавҳаратро бо фарзандонат бурда мепаронанд ва мекушанд. Ҳамин тавр шавҳарашро меоранду ӯро маҷбур мекунанд ва ин хонум дар пеши президент бо шавҳараш хайрухуш мекунанду бо кӯдаконаш ҳам. Маҷбурӣ хонаи онҳоро вайрон мекунад. Он вақтҳо ҳоло занаш Азизмоҳ бо кудаконаш дар Данғара ҳамроҳи модараш буданд. Сабаби ин кор дар он будааст, ки вақтҳое ки Раҳмонов Эмомалӣ, директори совхози Ленини ноҳияи Данғара буд, ба Саёҳат Неъматова,ки дар телевизор баромад мекард, ошиқ мешавад. Ҳамон солҳо як рӯз ба Душанбе мераваду аз пулҳои дуздиаш гулу шампанский харида ба назди Саёҳат Неъматова даромада ба ӯ изҳори муҳаббат мекунад. Аммо ин бону, ки шавҳару фарзанд дошт ба Эмомалӣ Раҳмонов суханҳои дурушт мегӯяд:

«ман шавҳар ва хонаи ҳалол дорам тез аз инҷо рав такаи бугин «

Раҳмоновро аз кабинеташ пеш мекунад. Раҳмонов ин кинаро дар дилаш тӯли ин ҳама сол нигоҳ дошта дар фурсати муносиб қасди худро мегирад. Баъди хабардор шудан аз ин ҳолат Саъдӣ-командир ба назди Раҳмонов омада ба ӯ мегуяд, ки аз Худо наметарсӣ, номард хонаи он занро барои чи вайрон кардӣ, ва ӯро нафрин мекунад. Аммо президент ба Саъдӣ-командир бо дуруғу шайтонӣ мегӯяд, ки «у зан худуш бо ихтиёри худуш зани дуюми ман шид ва ҳоло дар хона бо ман зиндагӣ дорад, ман ура маҷбур накардаам». Ва бо ин гап фиреб мекунад Саъдӣ-командирро!

Ҳама онҳое он солҳо агар аҳамият дода бошанд бону Саёҳат Неъматова дар сафарҳои хориҷӣ Раҳмоновро ҳамроҳӣ мекард.Чунки Азизмои ҳамсараш бо стандартҳои ҳамсари як президент мувофиқат намекард.Раҳмонов дар сафарҳои хориҷияш ин бонуро ҳамсараш муаррифӣ мекард вале дар дохил ва дар назди Азизмои ҳамсараш як журналист ва мушовири дафтари матбуотии президент муаррифӣ менамуд. Аммо ҳама он наворҳои хориҷӣ танҳо дар архив ва ё бойгонии ТВТ ва дастгоҳи Раҳмонов,то ҳол вуҷуд доранд. Воқеан бонӯ Саёҳат Неъматова барномаҳои ҷолибе дар шабакаи ТВТ доштанд,ки бинандагони зиёде доштанд. Барномаҳои “Дугонаҳо”, “Боз як барномаи ҷавонӣ”, “Ватан ва фарзандон”, “Муҳаббат ва оила” ва ғ. аз офаридаҳои ӯст. Муаллифи филмҳои телевизионии “Тоҷикони дунё”, “Ҷои шумо холист”, “Шоҳроҳи сулҳ” ва диг.

Тибқи маълумоти мо Саёҳат Неъматова фирор карда Русия меояд ва ҳоло дар Маскав ба сар мебарад. Ду духтари ӯро Иброҳим Усмонов келин кардааст. Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири Эмомалӣ Раҳмонов аст, ки баъдҳо Раҳмонов ӯро ҳам аз давру бараш ронд. Аммо боз ҳам дар ин авохир марсия сарои дорад. Ончунон ин режими ҷинояткор ҷиноятҳои пешвояшонро пинҳон мекунанд,ки Саёҳат Неъматова – рӯзноманигор ва наттоқи Телевизиони Тоҷикистон, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, Узви Конфедератсияи журналистони Россия.

Бахши журналистикаи факултети филологияи УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон-ро хатм кардааст. Муҳаррир, сармуҳаррири барномаҳо барои наврасон ва ҷавонони Телевизиони Тоҷикистон (1979-1987), директори барномаҳои Телевизиони Тоҷикистон (1987-1992), ҷонишини раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Совети Вазирони Тоҷикистон (1993-1995), мушовири Дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995-2000) буд. Аз с. 2001 дар Москва истиқомат мекунад – сардори бахши муносибатҳои байналхалқии ширкати холдингии “Оптима-Проект” (Маскав)ро як аксашро нагузоштаанд. Иллати онро шумо худатон пайдо кунед?

Ёқуб Салим Раҳмоновро мекӯбад

Эмомалӣ Раҳмонов, ки дар солҳои 1994- ум аз кабинеташ ба берун баромадан метарсид, ҳамеша ба Саъдӣ мегуфтааст, ки « Саъдиҷон мову худат хешу таборем к..та бгардум  илтимос мара напарто, ма ҳиҷка надорум, як акаи тракторист дорум, мара нигоҳ кунен, ки мара напаронан. Ма хонаҳои шумора ай тилло мекунум» ва ҳамин хел зора мекардааст он вақтҳо. Ёқуб Салимов дар соли 1995 дар кабинеташ Президентро бо мушт чунон мезанад, ки  Раҳмонов аз ин тарафи мизи корӣ ба тарафи дигар афтида қариби ним соат беҳуш мешавад. Баъди ин ҳодиса Саъдиро ҳар вақт даъват карда президент аз тарс мегуфтааст, ки «мара танҳо нагузоред, қати Суҳроб Қосимов манро муҳофизат кунед, «к…а бхрум» гуфта ҳама руза Саъдиро зора мекардааст. Дар он вақтҳо ҳамаи командирҳои кулобӣ: Қурбони Чол, Сӯҳроб Қосимов, Саъдӣ Холмуродов, Хӯҷа-командир, Ёқуб Салимов, Саидшо Шамолов ва чанд нафари дигар ҷамъ шуда мегӯянд, ки Эмомалӣ Раҳмоновро аз вазифаи президентӣ мегирем ва  наказать мекунем. Аммо он вақт Саъдӣ ва Хуҷа  Раҳмоновро дастгирӣ мекунанду мегӯянд, ки «нав як сол шудааст, ки дар ин вазифа қарор дорад, бмонедша ақалан се сол кор кунад, баъд мегирему иваз мекунем».

Эмомалӣ Раҳмонов  ба мисли харгуш ларзида яке ба Саъдӣ нигоҳ мекарду яке ба Хӯҷа- командиру яке ба Суҳроб Қосимов. Хуҷа-командир мехезаду мегӯяд, ки ин одамро Файзалӣ ва бобои Сангак ба ин вазифа монда буданд, ба хотири онҳо бимонед, то ақалан як ду соли дигар кор кунад:

«всеравно и як чумоҳай, ба гапи и гусолара як меха намеканан, ҳамаи власт дар дасти худмонай чизе мегем, гапи мо мешава ва тарафи ПРЕЗИДЕНТ ҳами хел не? гуфта мепурсад».

Раҳмоновро, ки аз тарс гиря гулугираш карда будааст, калаашро меҷунбонаду ба мисли бечораяко сарашро паст карда ба тарафи командирҳо ҳатто нигоҳ карда наметавонад. Баъдан Ёқуб ва Қурбони Чол мегуянд:

«ҳозирам сари вақт аст, ҳамира тезтар гирифтан даркор аст, чунки ин аз кучаи мардӣ гузаштагӣ нест, мардак нест. Ин одам дар оянда любой номардира дар ҳақмон мекунад, мо пешакӣ шумора огоҳ кардем.»

Ғаффор- седой ва Саидшо ҳам суханони Саъдӣ ва Хуҷаро дастгирӣ мекунанд. Барои ҳамин Раҳмонов боз президент мемонад. Соли 1996 бо илтимоси президент Саъдӣ-командир ба минтақаи Тавилдара ва Ғарм барои вохурӣ бо қумандонҳои саҳроии опозитсия меравад. Баъди баргаштан дар роҳ аз тарафи шахсони номаълум мавриди ҳамла қарор гирифта бо осколкаҳои грантамёт захмӣ шуда дар беморхонаи Қарияи боло   чанд моҳ бистарӣ шуда буд. Баъди ин ҳодиса боз як бори дигар ҳам ба ҷони Саъдӣ-командир сӯиқасд ташкил карда шуд ва вай боз ҳам захмӣ гардид. Табибе Саъдиро табобат кардааст ба Ислоҳ гуфт: «қариб 65 дарсади асколкаҳо дар бадани Саъдӣ буданд. Қанди боло ҳам дошт ва чанд табобатҳои мардумӣ ҳам  мекард ва он сабукаш мекард.»

120 кг.героини Бадик

Бародари Саъдӣ-командир Бадриддин Холмуродов буд. Ӯро Бадики буз лақаб дода буданд. Солҳои 1997-98  мясомолторги Душанбе як ҳоҷӣ рохбарӣ мекард. Бадик гӯе уро крышавать мекарда бошад, ҳар моҳ 5000доллар «доля» мегирифт. Ҳамчунин автовокзали Қурғонтеппа ва Душанберо крышавать карда ҳар рӯз пулҳои калон ба даст меовард. Як рӯз ба Саъдӣ мегуяд, ки ба мо вертолёт даркор аст, то ин ки аз Душанбе ба сарбозҳои баталион хурока бубарем. Аммо дар асл мехост, ки Саъдиро фиреб дода аз  наркобарони московскигӣ бо номи Алихон ва Тоҷиддин 120кг героин гирифта бо вертолёти части 3502 и Суҳроб Қосимов ба вилояти Ленинобод интиқол диҳанд ва барои адои ин хизмат 120 000 ҳазор доллар ба даст оранд. Вақте вертолёт аз части Сӯҳроб Қосимов ба ҳаво баланд мешавад ба генерал Қосимов аз КГБ-и республика занг зада мегӯянд, ки дар вертолёти аз даруни части 3502 Бадики додарат  наздики 200кг героинро ба вилояти Ленинобод, яъне ба Панҷакент бурда истодааст, шумо хабар доред?

Сӯҳроб Қосимов бо рация зуд ба халабони вертолёт занг зада дастури «обратно» омаданро медиҳад. Вертолёт ба қисми ҳарбии 3502 мефарояд. Бори даруни вертолётро холӣ ва аз даруни пачкаҳои чой бандҳои героинро дарёфт карда мефаҳманд, ки ин борро Бадики додари Суҳроб неву Бадики додари Саъдӣ-командир ба таври пинҳонӣ бор карда будааст. Сӯҳроб Қосимов чанд сарбозу афсари ба Саъдӣ наздикро дар назди ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ шаллоқ медиҳад. Саъдиро ҳам чанд мушт мефарорад. Баъди ин ҳодиса байни Сӯҳроб ва Саъдӣ гапҳо мегурезад. Додари Саъдӣ гурехта дар куҷое пинҳон мешавад. Худи Саъдӣ чанд вақт додарашро барои ҷазо додан мековад. Аммо дар айни ҷӯши ғазаб намеёбад. Барои ҳамин аз ҳамон вақт бо додараш муносибати хуб надошт. Ҳамеша мегуфтааст, ки Бадик обрӯи манро резонд. Агар ман мурдам дар ҷанозаам Бадики бузро  рох надиҳед мегуфтааст Саъдӣ-командир. Дертар Бадики додари Саъдӣ дар Идораи  гумруки ТУРСУНЗОДА ба кор даромада буд.Вай ҳамаро ба дигар мақомот мефурӯхт. Барои ҳамин аз гумрук пеш карда буданд. Агенти давлатӣ- яьне бузи кали Фаттоҳ Сайид будааст. Ҳамчунин ба домоди президент Зоир ва додараш Нарзулло Соҳибов ҳар ҷавонмардонро сиёҳ карда зиндонӣ мекард. Айни замон бекор аст.

Саъдӣ чаро М.Убайдуллоевро зад?

Дар соли 1999 — 2000ум раиси Душанбе М.Убайдуллоев қарори сохтмони ҳавлии Саъдӣ-командирро имзо намекунаду мегӯяд, ки супориши президент аст. Бояд омада ариза ва дигар санадҳоро пешниҳод намояд. Ба Саъдӣ ин гуфтаи Убайдуллоевро мерасонанд. Саъдӣ бо чанд экипаж шахсони яроқдор омада ҳукумати Душанберо муҳосира карда худаш бо телеххояш ба кабинети Убайдуллоев даромада сразу чанд мушт ба сару рӯйи вай мезанад ва аз галстукаш кашола карда ба берун бурданӣ мешавад. Раиси шаҳр, ки худаш танҳо монда буд

«Саъдиҷон ҳаму хешот -президент мара гуфт имзо накун, ҳуҷҷатоша, то пеши ма наёя» . Саъдӣ задани ӯро бас кардаба ӯ мегӯяд, «ки к..очаҳо мо дар сопкаҳои Ғарму Тавилдара ҷономон дар хатар монда рискавать мекардем, бо шумо боша к..тезано дар кабинетои гарм қати Раҳмонови к..тет отдых мекарден. Пулои ҳаррома ҷамь карда шиштагиен. Бра Раҳмонуфта бугу, ки мерам дар даҳануш мепаронум к…нтера. Ай ёдуш бровардай, ки то динара зора мекард, «к…рта бхурум Саъдиҷон мара напартоен мегуфт. Мег…тон к…иочахо фахмидӣ?»  гуфта ду -се шатаи дигар мезанад. «Мошинда бор кунедша» мегӯяд Саъдӣ, ки дар ҳамин вақт, ки як папка дар таги каш доштааст Саъдиро мегӯяд,ки «командир, ма барвақт қарори худта имзо кардагиюм, ина як бор бубинда» гуфта ҳуҷҷатҳои ҳавлиро мебарорад. Нафари бо Саъӣ даромада ҳуҷҷатҳоро мебинад ва мегӯяд, ки «кор ҳал шидай командир» ва ӯро ором мекунад. Убайдуллоевро ҷавоб медиҳанд. Саъдӣ боз ба ӯ мегуяд, ки «президентона брасон,ки миём ме…мша, к….нтеи ҳаррома».Ва инро гуфта дар мошинҳояшон нишаста мераванд. Саъдӣ-командир ҳамроҳ бо ҷондорҳо ва сарбозонаш наздики 300 нафар рост ба бинои Президент рафта ва бо онҳо дохили мешавад.

Убайдуллоев сразу ба Раҳмонов занг зада мегӯяд, ки Саъдӣ мара зад, даҳану бинима хун кард, ҳозир  ба сари худат рафт, бгрез,ки мепароната. Раҳмонов филфавр ба Сӯҳроб Қосимов занг мезанад ва мегӯяд,ки тез биё « и Саъдира пеши раҳша биги, ки мара паронданӣ омадестай».Ва бо роҳи пасибинои Президент мегурезад ба тарафи хонааш. Саъдӣ ба кабинети президент зада медарояд, ки Раҳмонов Эмомалӣ дингуз зада гурехтааст. Дар долон як шахси лоғари маст, ки дар пояш ба як азоб истодааст, нафаҳмида ба сӯи Саъдӣ-командир мегӯяд: «ма тағоии президентум чи гапай камандирр?» Саъдӣ аз роҳаш мегардаду ба тарафи ин шахси хароби маст давида як мушт ба рӯи ӯ мезанаду мегуяд ки «ту тағоии президенти к..оча ҷиянта б…ом куҷо шид у ҷияни петухут?» Ва то дилаш хунук шудан Матлубхон Давлатовро таги мушту лагат қарор медиҳаду баъдан баромада меравад. Ба берун мебароянду мехоҳанд ба хонаи президент раванд, ки  аз он тараф эскорти генерал Суҳроб Қосимов  расида меояду ба Саъдӣ фармони истоданро медиҳад. Саъдӣ аз мошин фаромада бо Суҳроб Қосимов сӯҳбат мекунад. Сӯҳроб Қосимов ба Саъди мегӯяд, ки аз паси мо мошинатро рон:

«Меравем, президентро ба наздамон меоранд. Зиқ нашав рафтем ҳамуҷада разбор мекунем». Ҳамин тавр онҳо бо тамоми корвони чил- панҷоҳ автомошинаҳои «до зубов вооружений» ба тарафи Варзоб мераванд. Сӯҳроб якҷо бо одамҳояш Саъдиро ором мекунанд. Ва мегӯянд,ки ҳамааш айби ҳамон Мистер бинӣ аст. Сӯҳроб Қосимов Убайдуллоевро бисёр бад медид. Ё нос мегуфт ва ё мистер бинӣ. Вай ба тарафи Саъдӣ мегӯяд,ки «напарондиаш к….тезани ҳаррома, аз як шайтони ҳаром тезтар халос мешидем».

Саъдӣ дар ҷавоб ба Суҳроб мегӯяд, ки аввал ҳамин петухи Раҳмонов Эдикро паррондан даркор: « к…изан ай паси парда арусо воре истода ҳар хел фармонои к…нтегира метия, и мистер Бинӣ ин доф ростша гуфт. Набоша ма ира паронданӣ рафтагӣ будум. Гуфт, хешои худут гуфт, ки қарори Саъдира имзо накун, мон пеши ма биёя вақте ма бугум баъд имзо мекунӣ!! Раҳмонов чандин рӯзҳо аз тарси Саъдӣ-командир аз хонааш берун намебаромад. Ба воситаи чандин нафар аввал дили Саъдӣ-командирро нарм карда аз Суӯҳроб Қосимов илтимос мекунад, ки Саъдиро ба Ғарму Тавилдара равон кун, ки охир мара мепаронад». Мегӯянд Раҳмонов мехост Саъдӣ дар он манотиқ бояд кушта шавад вале ин корро натавонистанд анҷом диҳанд.

Чаро Раҳмонов Саъдӣ -командирро зиндонӣ кард?

Соли 2003 муаллиме бо номи Сайидхуҷа аз деҳаи Сангтуда ба хонаи Саъдӣ-командир меҳмон мешавад. Баъди сарфи таом якҷоя ба бозори Саховат мераванд. Саъдӣ мебинад, ки попӯшии муаллим даридагӣ, дилаш месузаду мехоҳад, ки як туфлии нав харад, аммо фурушанда Саъдиро нашинохта бо ӯ беэҳтиромӣ мекунаду мегуяд, ки «бфоратон ҳами нарх, нафората рафтан бигирен, ма ҷияни фалониюм» ва номи кадоме аз вазифадоронро мегирад. Саъдӣ дар ғазаб шуда ӯро таги мушту лагад мегирад. Аз УВД- Бахтиёр Сабзаев бо опергруппа меоянд. Онҳоро ҳам Саъдӣ мезанад. Сипас ба сад -дусад милиса омада   Саъдиро ба раёсати милисаи Душанбе назди Зоро –Иззатулло Шарипов мебаранд. Дар онҷо бо Зоро ҷанг мешаваду ӯро ҳам Саъдӣ мезанад. Аз сабаби он ки бачаҳои Сӯҳроб Қосимов яьне Содиқ Алиматов- телехи худи Сӯҳроб Қосимов чанд вақт пештар дар назди УИД Зороро зада дар даруни ҷӯи  партов андохт буданд, ӯ ба бачаҳои 3502 яъне Суҳроб Қосимов қасд дошт. Барои ҳамин фармон медиҳад, ки баред ба СИЗО маҳкам кунед. Саъдӣ -командирро бурда дар СИЗО маҳкам мекунанд

Баъди чилрӯз модари Саъдӣ-командир бо ҳамроҳии Бобои Назур Ҳакимов, ки ӯ низ аз деҳаи Гулистон ҳамсояи Саъдӣ -командир аст ба назди очаи президент момаи Майрам ба Данғара меоянду мегӯянд, ки бачаат бачаи духтари холаатро, яъне Саъдиро, маҳкам кардааст ва ҳоло шаш моҳ аст ки Саъдӣ дар зиндон аст. Бобои Назур ҳамхизмати Фазлиддин Раҳмонов, ки писархонди модари президент мебошад. Чунки вай либосҳои акаи президентро аз шаҳри Лвови Украина баъди дар оби кӯл ғарқ шудан бо суратҳояш оварда ба дасти момаи Майрам дода буд. (Фазлиддин Раҳмонов, ки дар Данғараи беоб калон шуда буд дар аскарӣ аз сабаби оббозиро натавонистан дар кӯл ғарқ шуда мурд).

Модари президент ба Нуриддин мегӯяд, ки ба Эмомалӣ занг зада гӯшаки телефонро ба ӯ диҳад. Нуриддин ба Эмомалӣ занг мезанаду телефонро ба модараш медиҳад.

-Эмомалӣ садо мекунад модар.

— Лабай очаҷон, ҷавоб медиҳад дар гӯшӣ.

— Ҳами як кора бугум гапи мара мегирӣ ?

-Барои чӣ намегирум? Ҳо, мегирум оча!

Очааш баъдан бо овози гиряолуд мегӯяд, ки «бачаи Хосията меган маҳкам кардаӣ, ростай? Саъдира, ҳамура меган чилрӯзаи дар турмаяй, бачаи апамай, бачаи холатай, чиба маҳкам кардиша? кудакдорай бечора. Ҳамура ҷавоб метии ??Ҳамиҷада акаи НАЗУРУТ қати очаи Саъдӣ омадагиян».

Эмомалӣ Раҳмонов мегӯяд, ки «бугу браван хонашон Сангтуда.Пагаҳ ҷавобуш метиян».   Ҳамин тавр баъди хоҳиши модари президент Саъдиро ҷавоб доданд!!!

Баъди баромадан аз СИЗО Саъдӣ шахси дигар шуд ва ба тоату ибодат шурӯъ карда ба ҳаҷ рафт. Баъди омадан аз ҳаҷ Амонулло Ҳукум (Амони калуш), ки раиси Роҳи оҳан буд Саъдиро бригадири роҳбаладҳои қатори Душанбе -Маскав таъин кард. Барои онки дар вақташ Амонулло Ҳукумовро Саъдӣ аз чанги Суҳроб Қосимов ва чанд боевики дигар борҳо халос кардагӣ аст. ба ҷойи Амонулло Ҳукум шогирдаш Комил Мирзоалиев, наркобарони московскигӣ, ки рафиқи наздики Зоир Соҳибови домоди Президент буд, (ҳозир бо Рустам часпонидагӣ) таъин шуд. Вай омаду дафъатан ҳама одамҳои Амони калушро аз кор пеш кард, аз ҷумла Саъдӣ-командирро ҳам.

Пас аз ин ҷо Саъдӣ дар ТЕЦИ назди Товус, рӯ ба рӯи Лучоб ба ҳайси муҳофиз ба кор даромад. Дар минтақаи лаби дарёи Вахши Сангтӯда ва Бойғозӣ боғу мол карда дар Баҳористон ном мавзеи лаби дарё дарахтони зиёди мевадиҳандаро шинонда буд. Аз роҳи Норак ҳар шанбе ва бозор рафта гоҳ вақтҳо танҳо кори деҳқонӣ ва заминканӣ мекард.

Чи тавр Саъдӣ коменданти Қасри миллат мешавад ва Ятимовро мекӯбад?

10. 2017 сол дар роҳи Ғарм ба Тоҷикобод Нуриддин Раҳмонови акаи президент дар даруни мошини Лексуси 570 бо ронандааш Зайнулло ва раиси ноҳияи Рашт мерафтанд, мурд ва ӯро бо вертолёт ба нохияи Данғара бурда дафн карданд. Баъдтар бо иштироки президент худоӣ- яьне маъракаи чилашро баргузор карданд. Эмомалӣ Раҳмонов дар ҳамонҷо Саъдиро мебинад. Аз Саъдӣ мепурсад, ки дар куҷо кор карда истодаӣ? Мегӯяд, ки бекор. Дар як боғи тарафи Бойғозӣ дарахт мешинонам, деҳқонӣ карда истодаам. Раҳмонов Рамазон Раҳимзодаро фарёд карда мегӯяд, ки Саъдиро сардори милисаи Данғара таъин кунад.

Аммо Саъдӣ мегӯяд, ки ман милиса намешавам. Президент мегӯяд, ин тавр бошад биё аз якуми январ командирии комендатураи Қасри миллатро қабул кун. Ба раиси КДАМ мегӯяд, ки фармонашро бароред. Аз моҳи январи соли 2018 дар вазифаи командири комендатураи Қасри миллат ба кор сар мекунад. Ҳар шахсе, ки ба Қасри миллат ворид аз назорати шахсии Саъдӣ мегузашт. Баъди чанд рӯз як ҷаласаи мақомоти қудратӣ доир мешавад. Ҳамаи вазиронро бо фармони Саъдӣ тафтиш ва кофтукоб мекунанд. Аммо  вақте раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ С.С ЯТИМОВ, ки Саъдӣ тобеияти мустақими ӯро дорад меояд, сарбозҳо ӯро бозрасӣ намекунанд. Мехоҳад аз назди Саъдӣ-командир ҳам гузарад. Аммо Саъдӣ ба сарбозҳо фармон медихад, ки «любой каса танаашро кофта проверка карда баъдан иҷозати вуруд диҳед» .С. С Ятимов бо кибру ғурур ба Саъдӣ мегуяд, ки манро намешиносӣ? Ман раиси Кумитаи  амният ҳастам ва ту непосредственно аввал ба ман подчинятся мекунӣ баъд ба президент. Саъдӣ ҷавоб медиҳад, ки фарқуш нестай,ки ту киӣ? Мо ҳамаро проверка мекунем, ту бо калаи шер овардаӣ? бковенша гуфта ба сарбозҳо фармон медиҳад. Дар назди қариб панҷоҳ нафар тамоми ҷояшро мекобанду наздики даҳ дақиқа «унижать» карда сипас иҷозаи дохилшавӣ медиҳанд. Ятимов ба тарафи Саъдӣ бо мордаи туршшуда мегӯяд, ки «мебинем  худут то кайя кор мекунӣ» гуфта рафтанӣ мешавад. Ин гап ба Саъдӣ хеле сахт мерасад ва ба С.С Ятимов мегӯяд: « эээ мундуқи муғул як минут бест. Вақте ЯТИМОВ ба тарафи Саъдӣ мегардад ки Саъдӣ бо мушт ба рӯи Ятимов мезанаду ӯ ба замин меафтад. Ва боз чанд шатаи обдор ба шикаму ба миёнаш мезанад. Одамони онҷобуда Саъдиро меқапанд. С.С Ятимов чорғовак як бало карда ба даруни бинои Қасри миллат мегурезад ва ба президент аз болои Саъдӣ жалоб мекунаду мегӯяд, ки кадом рӯзе Саъдӣ худатро ҳам ё мезанад ё мепаронад.» Саъдӣ баъди ин ҳодиса  баромада ба хонааш меравад, дигар кор намекунад.

Худи ҳамон сол тахминан моҳхи апрел ё майи соли 2018 раиси Дасгоҳи иҷроияи президент Озодаи Раҳмон ба тарафи Варзоб барои кайфу сафо мераваду дар онҷо ҳавлии Саъдӣ-командирро дар турбазаи Варзоб мебинад. Саъди бо зани дуюмаш- Солеҳа (Сашка) зиндагӣ мекунад. Озода ба Саъдӣ  вохурда мегӯяд, ки ҷои хонаат ба ман маъқул шуд, ҳавлиатро ба ман бидеҳ, ман дар Душанбе як хонаи чорхонагӣ дар баландошёнаҳо медиҳам. Саъдӣ, ки сахт ҷасуру нотарс буд аз ин пешниҳод тамоман ба хашму ғазаб омада   ба тарафи Озода мегӯяд, ки «тез гум шав ай иҷа бева, ки мепаронумта. Девонаен чиен шумоҳо, ки дига кучоеда чие маъқул шидтона бояд шумо бигирен, оилаи гушна, шумо кай сер мешен?» гуфта аз назди хонааш пеш мекунад. Озода Раҳмон ба тамоми макомоти прокуратураву милисаву  амният  супориш медиҳад, ки ягон баҳонае ёфта ҳавлии Саъдиро незаконно бароред ва аз онҷо Саъдиро бароред. Ҳавлиашро снос кунед. Дигар ҳар рӯз дар назди хонаи Саъдӣ аз КДАМ, аз прокуратура, аз кумитаи замин аз ҳукумати Варзоб умуман аз тамоми мақомот аз ВКД , апарати Президент омада хонаҳои Саъдиро чену чок карда акт мекунанд, ки гӯё ҳуҷҷатҳояш ғайриқонунианд. Саъдӣ баъди ин ҳама фишорҳо ба назди юристҳо ҳуҷҷатҳои ҳавлияшро мебарад ва ба онҳо нишон медиҳад. Онҳо мегӯянд, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои хонаат сад фоиз қонунианд, ҳатто қонунигардонии амвол ҳам шуда аст, ҳамааш аз рӯи қонун аст. Фақат ту бояд назди президент Эмомали Раҳмон дароӣ ва фаҳмонӣ. Набошад ин аждаҳорҳо туро рӯз намедиҳанд. Ҳамин тавр Саъдӣ даҳ рӯз дар пеши Қасри миллат меистад ва як рӯзе президент ӯро мебинаду қабул мекунад.

Вақте ки дар назди президент даромада ҳодисаро накл мекунад ва мегӯяд: «ма ҳаму Саъдиюм, э мардак, фаҳмидестай, ма даркор шава, авлодта нобуд мекунум. Шумо хует кардаен, не ..йя себе! Пеши раҳи духтарота биги, уже ҷо намонд, ҳавлиёи мода дромада захват кардестиян. Аввал худта ба ҳамаи кудакота даркор шава убрать мекунум фаҳмидӣ гуфта ба президент Раҳмонов угрожать мекунад». Саъдӣ-командир Ҳатто девонагӣ карда заданӣ мешава президентро. Президент ин девонагии Саъдиро мебинад ва телефонро бо дили нохоҳам гирифта недоволно ба Озода Раҳмон занг мезанаду мегӯяд, ки ҳавлии Саъдида чақа нашавен, дига бугу ҳиҷка нарава пеши хонаи Саъдӣ, фаҳмогуфта телефонро мегузорад. Муроди телехи Раҳмон ва чанд ҷондори дигараш мабодо Саъдӣ Президентро назанад гуфта пешакӣ тайёрӣ дида будаанд. Баъдан Саъдӣ бо ғазаб ба тарафи президент рӯ оварда мегӯяд:  «ай ёдат бромад ҳаму вақто зора мекардӣ мара напарто Саъдиҷон к…..рта бухурум. Мо барои ту шида садҳо одамо қати душман шидем, противи командиро бромадем, Ёқубу Чолу ҳама мардбачаҳода худмона шумру кардем, мардак набудай неке номард гуфта Саъдӣ-командир баромада меравад»  Баъди ин ҷангу ҷанчоли Саъдӣ президент арака мезанаду раиси КДАМ Ятимов ва вазири дохилӣ Рамазон Раҳимзодаро  даъват карда нақшаи номардонаи аз байн бурдани Саъдӣ -командирро мекашанд.

Раҳмонов Саъдиро чи тавр кушт?

Раҳмонов чанд сӯйи қасд ба ҷони Саъдӣ анҷом дода буд вале аз ҳамаи онҳо ҷон ба саломат бурда буд. Адади сӯй қасдҳоро 6 то гуфтаанд. Яке аз он сӯйи қасдҳоро соли 1996 солҳое каме Раҳмонов қудратмандтар шуда буд фармон медиҳад дар мошинаш мина монанд. Минаро дақиқан дар ҷойи нишасти ӯ мемонанд. Саъдӣ пеш аз нишастан дасташро дар ҷой нишаст мемонад, ки садои минаро мефаҳмад худро ба қафо мепартояд ва порчаҳояш дар баданаш мемонанду кушта намешавад. Дақиқан инро худи Раҳмонов тарҳрезӣ карда буд, то аз ӯ халос шавад. Панҷбори дигар ҳуҷумҳо сурат мегиранд ба ҷонаш ва осори он тирҳои сӯй қасдҳо дар самти пойҳо ва баданаш вуҷуд доштанд. Аммо аз ҳамаи онҳо ҷон ба саломат бурда буд.

Охирҳои соли 2018 Саъдӣ дар боғаш танҳо кор мекард. Аз тарафи шаҳри Душанбе чор мини автобуси сиёҳшиша ва шашто Тойота Лендкрузер ва чанд Мерседесҳои рангашон сиёҳ  бе номерҳои давлатӣ формаҳои дар бар униформаҳои сиёҳи бидуни кадом навиштаҷот ва дар рӯйҳо ниқоб ба боғи Саъдӣ-командир меоянду ӯро ба муҳосира мегиранд. Ин вақте будааст, ки Саъдӣ бо ароба пору мекашонидааст. Поруро дар гирди дарахтони шинонидааш, ки аз 1000 бештаранд мерехт. Ӯ дар аввал пай  намебарад, ки одамони омада кистанд ва чӣ мақсад доранд? Вай меояд ва бо чанд нафри онҳо, ки мусаллаҳанд сӯҳбат мекунад.(Ин ҳолатҳоро бо дурбин як шикорчӣ назорат мекардааст ва як шаси дигар,ки барои ҳезум ба кӯҳ рафта будааст низ шоҳиди ин ҳодиса мешавад). Бинобар гуфтаи ҳаминҳо байни Саъдӣ ва он нафарон кашокаш сурат мегирад. Ниқобпӯшҳо Саъдиро гирд карда лату кӯба ва бо сангҳо ба сараш мезананд ва ба танааш мезананд. Ҷасади беҷоншудаи Саъдиро болои аробаи пору бор карда ба ҷарии дарёи Вахш сарозер равон мекунанд. Ҳатто чанд нафари онҳо ин ҳодисаро дар видео сабт кардаанд.

Нақли як шоҳиди ҳодисаи ин қатл чунин аст: Пеш аз даромадан ба минтақае Саъдӣ зиндагонӣ мекард пост буд ва ҳар шахсе меомад ҳатман аз Саъдӣ мепурсиданд ва ворид мешуданд. Агар намехост касе ворид шуда наметавонист. Аз дур дидам,ки ду нафари ношинос дар ҳавлияш буд ва мошини Саъдӣ баромада рафт ва бо ҳамин дигар касе ва чизеро надидам. Вақте мошини Саъдӣ баромад он ду дар ҳавлияш буданд ва намедонам мошинро худаш меронд ё каси дигаре. Аммо аниқ медонам ӯро номардона куштанд. Аз ин бештар чизе наметавонам бигӯям, чунки ман намехоҳам маро кушанд. Инҳо ба ҳеҷ касе раҳм надоранд, боз ба  мани камбағал.

Шоҳиди ҳодисаи дигар: Саъдӣ ҳар рӯз маро нодида намерафт ба хонааш ва чанд рӯз наомад ташфиш шудам. Дар хобам дидам мегуфт дастатро те маро аз об барор. Ман рафтам дидам ҳама мекобанд вале он ҷое,ки дар хоб дидаамро касе намекобад. Як рӯз онҷо истодам касе накофт, бо ишора гуфтам инҷоро кобед якбор даромаданду ҷасадро бароварданд. Гирён шудаму гуфтам хобам дуруст баромад, ки воқеан аз ман кумак талаб карду дар хобам даромад.

Ҳамин тавр Раҳмонов Саъдӣ -командирро, ки хеши худаш буд барои як ҳавлӣ ва ҷасорати фавқулода доштанаш шуда кушт. Ҷасади ӯро баъди чанд рӯз аз дарё пайдо мекунанд. Дар ин бора расонаҳо навишта буданд. Аммо касе намедонист, ки Саъдиро худи Раҳмонов кушта ба дарё партофта аст. Дар ин таҳқиқоти Ислоҳ дар мавриди Саъдӣ командир хело маълумотҳои аҷиби дигаре ҳам ба мо расидааст.

Ps : Ин ҳама маълумот аз чанд манбаъҳои мувассақ ба Ислоҳ расида аст. Санадҳо ва маълумоти зиёди дигар дар Ислоҳ маҳфӯз аст. Барои тӯлонӣ нашудан ба ин маълумоте тақдиматон намудем иктифо намудем. Маълумотҳои дигаре,ки характерҳои қатлу куштор доштанд ба досияи сиёҳи Раҳмонов,ки дастури бе восита дар он қатлҳо дорад зам гардидаанд. Умедворем онҳоро дар силсилабарномаҳои махсӯсе тақдиматон хоҳем кард. Ислоҳ дар хидмати шумо ва барои шумо мардуми азияткашидаи ватани азизамон таъсис ва фаолият мекунад, бо Ислоҳ бошед…

Сообщение Саъдӣ командир аз Раҳмонов ҳимоят кард вале номардона бо фармонаш кушташуд появились сначала на ISLOH.net.