Архивы "Талко" - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №370
Номаҳо аз Душанбе, Нуробод, Шаҳритус ва Рӯдакӣ ин нашри барномаи моро ташкил додаанд.

Нависандаи нома аз Душанбе дар бораи Рӯзи сулҳ ва ваҳдати миллӣ навишта ва аз Эмомалӣ Раҳмонов суол пурсидааст, ки натиҷаи сулҳу оштиат бо тарафи дигар чӣ аст? Корхонаҳои қатори домодҳову духтарҳоят, бойфрендҳои онҳо, зиндону кушта шудани шахсиятҳо?

Сулҳ кардӣ, ки чи шуд мепурсад муаллиф?

Нигорандаи нома аз ноҳияи Нуробод дар бораи раиси ин ноҳия, ки мардум кличкаи «картошка»-ро ба номаш часпонидаанд ва низ дар бораи Сиёвуши амниятӣ, куратори амният навиштааст, ки бинобар навиштаи муаллиф намозу ислому рӯзаву муллоро сабабгори пасравии Тоҷикистон медонистааст.

Муаллиф гуфтааст, ки ба маҳзи беаҳамиятии мақомоти ноҳия порахӯрӣ дар тамоми соҳаҳо авҷ гирифта истодааст.

Номаи расида аз ноҳияи Рудакӣ хеле ҳам ҷолиб аст. Муаллиф аз баргузории машқи омодагии ҷангии аҳолӣ дар варзишгоҳи марказӣ навиштааст, ки дар кори он муовини вазири мудофиа иштирок кардааст. Пораҳоеро аз суҳбатҳои замминистр, генерали артиш дар нома овардааст, ки хеле аҷиб ст.

Аз Шаҳритус дар бораи як директори мактаб навиштаанд. Директори ин мактаб як бонуе, ки ҳам муаллиму муаллимаҳо ва ҳам хадамаи мактаб-уборшикҳоро фиреб карда бепул кор мефармудааст.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ин номаро аз Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мефиристам. Чанд рӯз мешавад, ки сару садо ва ғавғои зиёд дар бораи  Рӯзи ваҳдти миллӣ, сулҳ ва ваҳдати миллӣ карда истодаанд. Аммо саволи ман ҳамчун сокини пойтахт ба Эмомалӣ Раҳмонов, ки худро асосгузори сулҳу ваҳдат мешуморад ин аст ки сулҳ кардӣ, бо кӣ кардӣ, баъд чи кор кардӣ?

Сулҳ кардӣ,30% ҳукуматро ба тарафи дигари сулҳ додӣ, додӣ, ки дарТоҷикистон ҷанг қатъ шавад, гурезаҳо баргарданд, ҳамакаса дар ватан аҳлона ва бародарона зиндагонӣ мекунем.  Аммо ҳозир дар Тоҷикистон фақат ту ва аҳли оилаву авлодат «жит» карда истодаед, дигарҳо боз дар муҳоҷирату дар гурезагиву дар зиндонанд. Чаро? Чунки ту мард неву номард баромадӣ. Русҳоро ба худат пушту паноҳ карда тарафи дигари сулҳ ва умуман тамоми мардуми тоҷикро фиреб додӣ ва аз як сар ба зиндон андохтиву куштӣ.

Ҳатто онҳоеро, ки барои ба сари қудрат омадани ту ҷанг карданду хун рехтанд, масалан Сангак, Файзалӣ, Ғаффор седой, Ёқуб Салим, Маҳмуд Худойбердӣ, Хуҷа-командир, Суҳроб Қосим, Салмон Лангариро ё куштӣ, ё зиндон кардӣ.

Ёдат ҳаст чи гуфта будӣ? Гуфта будӣ, ки дар авлоди ман ғайри худам дигар дипломдор нест. Як ака дорам, ки тракторчӣ аст. Аммо Ҳасанро овардӣ, Озодаро овардӣ, Рустамро овардӣ, Рухшонаро овардӣ, Парвинаро овардӣ, Заринаро овардӣ, Фарзонаро овардӣ, ҳукуматро оилавию авлодӣ кардӣ. Зоирро овардӣ, Ҷамолиддинро овардӣ, Зарифбекро овардӣ, Шамсуллоро овардӣ, Ашрафро овардӣ, Сиёвушро овардӣ, эҳҳе, Раҳматулло, Амонулло, Амирулло, Зайнулло қавми яъҷуҷу маъҷуҷ дар инҷо камӣ карда истодааст.

Сулҳи кардаат ҳамин аст?

Ҳама дору надори халқро бо оилаат дулунҷа дарун карда истодаӣ?

Ҳасан Ориёнбонкро гирифт, Талкоро гирифт, неругоҳи Роғунро гирифт, Шамсуллои домодат бо Фарозаш ҳамачирову ҳамаҷоро гирифт.

Ҳасан дуздиро сар кард. Аз Ориёнбонк сар кард, Талко, корхонаҳои пахтатозкуниро гирифт.

Ҷамолиддину Озода роҳи хуҷандиҳову мардуми шимолро ро пулакӣ карданд. Бег Сабури қудоят ангишти ғармиҳоро гирифтааст.

Домодҳоятро овардӣ, вазир, муовини вазир, банкир, бизнесмен кардӣ: Фароз, Се ганҷ, Мармарӣ, Ёвар, Сифатфарма, Авеста ва ғайраву ғайра.

Ҳар яке аз духтарҳоят бонки хусусӣ, самолёти шахсӣ ва чандин  шавҳарҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ доранд. Худат аз ҳама чиз бохабарӣ.

Сулҳ кардӣ, ки чи шуд? Натиҷааш галаи бойфрендҳои духтарҳоят шуд?

150 000 касро дар ин ҷанг қурбон шуд. Хуб, ба хотири чӣ? Ба хотири онки Рустаму Исмоил духтарбозӣ ва Таҳминву Фарзона бойфрендбозӣ кунанд?

Сулҳ кардӣ, халқ чи фоида кард?

Сулҳ кардӣ, ки чи шуд?

Ҳамин саволро ба худат деҳ, ки чи кор кардӣ? Ва ин яъҷуҷу маъҷуҷи беҳисобро аз куҷо овардӣ, ки ҳоло директори коллеҷи омӯзгорӣ дар Зафаробод ҳам аз Данғара асту светавои Қалъачаи баланди Истаравшан ҳам аз бачаҳакои боло.

Сулҳат ҳамин? Бо кӣ сулҳ кардӣ? Тарафи дигари сулҳ куҷо аст?

Нуробод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз ноҳияи Нуробод менависам. Ин номаи ман дар бораи Сиёвуши куратори амният дар райони куҳна аст. Дар пушти бинои идораи ҷамоат як хона барои меҳмонҳо барои одамҳои калон ҳаст. Ин меҳмонхона ҳозир барои Сиёвуш шудааст. Ба тарафи як ҷӯрааш гуфтааст ин мардуми Нуробод намозхон ҳастанд лекин тарсончак будаанд. Масҷидҳояшонро махсус маҳкам мекунам, дам намезананд, хап меистанд. Боз гуфтааст, ки дар бораи бузиашон гап надорам. Ҳамдигарашонро мефурӯшанд. Раисони маҳаллаашон муллоҳояшонро мефурӯшанду боз худашонро намозхон мегиранду мулло. Мегӯяд, ки раисони маҳалларо фарёд мекунум, як намуд метарсанд, ки пешам меоянд, камандирҷон мегуянд. Чизеашон бгум дасто пеши бар гап нест ҳалш мекунем. Хай дига фаҳмиден чи мефорад мара….

Боз дар бораи муллоҳои қишлоқҳо гуфтааст, ки рузҳои ҷумъа соатҳои 10 ба ҷамоат фарёдашон мекунам ба сарашон дод мезанам сарашонро баланд намекунанд.

Муллоҳои қишлоқҳои Дегаӣ, Шоғазамин, Севак, Тутхор, Қаланак,Туғак,  Шашволон, Сайдон, Яхак ва Яхч, Истон ҳамааш тарсуанд. Аз Шашволон як бачаи ҷавон будааст, нав мулло шудааст. Ҳар вақте зангаш мезанам камандирҷон гуфта чорқат мешавад дар пеши поҳоям. Он муллои шашволониро Сиёвуш муллои сиёҳаш мегӯяд- сияҳча.

Сиёвуш беҳад муллоҳоро издеватсия мекунад.

Домулло Муҳаммадиқбол! Дар бораи шумо ҳам муллоҳоро ҷамъ карда маҷлис карда гуфтааст, ки «одамое бо ватсапи Ислоҳ навиштан ҳамаашро аз Муҳаммадиқбол мегирам, пулро медиҳам номошона ҳамаша мега, ана бад очаи зори онҳо, ки нома менависанд нишон медиҳам.

Як кас саволаш медиҳад ба Сиёвуш, ки ин Муҳаммадиқбол худашро одами серёзний мегирад. Сиёвуш ҷавоб додааст, ки чанд касро пулаш партофтанд номҳои ҳамон номанависҳоро аз Душанбе ва аз Қурғонтеппа додааст.

Дар Ютуб худашро серёзний мегирад вале агар пулаш гуӣ пули бисёр мепурсад. Ин гапро пештар як одами нурободӣ гуфта буд. Ман сабр кардам, нав навиштам. Барои ҳамин хело вақт хап будем. Аммо баъд фаҳмидам, ки ин Сиёвуш дуруғ мегуяд.

Сиёвуш Солеҳзодаи раиси ноҳияро картошка лақаб мондааст. Сиёвуш гуфтааст, ки ин раиси картошка фақат фикри картошкашинонӣ, коргарҳояш писандаш намекунанд, барои ҳамин дар Нуробод порагирӣ авҷ гирифтааст. Амният медонад, ки ҳамаи коргарҳои давлатӣ пора мегиранд. Лекин аз қафои муллоҳо, аз қафои риштарошии мардуми камбағал. Агарчи чандин бор нома навистанд вале духтурҳо ҳамон порагириашонро карда гаштаанд.

Ҳамин Қосмов Иброҳим нав дар моҳи май аз чанд нафар 750 сомонигӣ гирифта бъд хатна кард. Беинсофтарин духтур. Рӯи рӯшод  мегуяд 750 сомонӣ хатнаи як кудак. Дар 50 сум дорухат менависад, 50 сомонӣ ҳақи хизмат мегӯяд. Аммо 750 сомонӣ мегирад.

Шафоатова Зарина, сармомодояи таваллудхона ҳам ҳамчунон пора гирифта гаштааст. Дар корхонаҳои Нуробод ягон намуди проверка нест. На аз ниҳодҳо ва на аз одамҳои раиси ноҳия.

Ҳар вақте Солеҳзода Фатҳуддин ба мошинаш мегузарад мардум мегӯянд,ки « картошка гузашт».Уже кличкаи  раиси ноҳияро  картошка мондаанд. Дигар касе ном намегирад. Ҳама картошка мегӯяд.

Як чизи дигарро қариб, ки фаромуш кардам. Сиёвуш гуфтааст, ки гӯё СС.Ятимов ба вай гуфта бошад, ки масҷидҳои мардуми Нурободро маҳкам кун, фишорашон биёр митинг мекунанд ба зиди Раҳмонов. Вақте ин пирсаг аз вазифа равад ман туро началники амнияти Нуробод мемонам.

Сиёвуш гуфтааст, ки ин мардум тарсончак будаанд, намехезанд. Ба гуфти Сиёвуш масҷидмаҳкамкунӣ фармони СС.Ятимов будаасту Эмомалӣ бехабар будааст.

Сиёвуш ҳамин гапро ҳам гуфтааст, ки мардуми Самсолиқро чмо кардам, мардуми Тегирмиро ҳам чмо кардам,ба дараҷае, ки ягонтоаш гапи зиёдатӣ намегуяд.

Боз маро бинанд ду даста салом мекунан мардуми Нуробод. Ин мардуми Самсолиқро террорист гуфта ҳамаашро чмо кардам. Мардуми Тегирмиро немис мегуфтанд, мардуми якгапаанд. Лекин инҳояшонро ҳам чмо кардам. Ҳамааш таҳти назорати ман ҳастанд. Дар райони куҳна мардуми Зорунро ҳам ҳамин хел кардам гуфта таъриф мекунад Сиёвуши амниятӣ. Ин Сиёвуши амниятӣ дар Сафедчашмаи  Самсомсолиқ куратор аст. Дар райони куҳна ҳам куратор аст. Ин Сиёвуш тамоми мардуми райони куҳнаро ба дод овардааст. Ин Сиёвуш ҷонишини Ҳайдари амният дар Самсолиқ буд. Ҳайдарро ҳамин Сиёвуш ба СС. Ятимов фурухт, ки масҷидҳоро иҷозат додааст.

Ҳайдар мардуми Самсолиқро мегуфт «намозотона бхонен, азонро паст гуен» Масҷидҳои қишлоқҳои дигарро ҳам ҳамин гапро мегуфт, ки азонро паст гуед. Ин Сиёвуш ин гапро ба амнияти райони нав гуфт, ки Ҳайдар масҷидҳоро иҷозат додааст, ки намоз хонед, азонро паст гуед.

Ин Сиёвуши бадбахт ба ислом сахт душман аст. Одами намозхонро шум мебинад, масҷидро дуст намедорад, боз одами ришдоро бад мебинад. Беҳад бетавфиқ аст.

Сиёвуш мегуяд, ки ҳамаи гуноҳҳо аз ҳамин ислом аст. Аз пушти ҳамин намозхонҳо ва муллоҳо Тоҷикистон пешравӣ намекунад.

Шаҳритус

Ассалому алейкум устод! Ин номаро аз Тоҷикистон фиристода ва хоҳиш намуданд, ки бо роҳу василае бошад ба шумо бирасонам. Ва ман онро ба шумо мефиристам.

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ин шо Аллоҳ, ки хубу хуш ҳастед. Мо метарсем ба ҳукумат арз кунем, ки мо уборшикҳои мактаби миёнаи 11-уми ноҳияи Шаҳритус, Лолазор- 3 ва Лолазор 4-ро барои иҷрои дигар кор маҷбур карда истодаанд. Моро директори мактаби № 11 Ашӯрова Бахтигул дар чобуки пахтаи худаш фиристода истодааст. Бар замми ин боз аз мо пул ҷамъ карда мегирад. Пули краска 55 ҳазор сомонӣ шуд, ана, агар усто Камол бошад 5 ҳазорашро мегирад ё не, Худо медонад . Номаълум аст ки дар 15 ҳазораш краска гирифт ё не?

Ин ҷо савол ба миён меояд. Дигар, боқии пулро дар кисааш зад. Ба муаллимҳои мард гуфт: «Шумо ҳам биёед кор кунед». Ин муаллимҳо гуфтанд, ки пул зиёд эконом шудагӣ, бидеҳ кор кунем. Директор гуфт, ки: «Бепул кор мекунед».

Ин директори хонасухтаи гушна муаллимҳову уборшикҳоро кор мефармояд, лекин аз пули ҷамъшудагӣ  ягон касда намедиҳад.

Як бор шумо дар борааш навишта будед, хеле тарс ҷиқид, пеши муллояш давида рафт.

Муаллимҳо ва уборшикҳоро қасам дод. Гуфт: «агар проверка омад, шумо даҳонатона ҳуй накунед, набошам қафои панҷара мерен». Мо занҳо-муаллимаҳо ва уборшикҳо аз Рустами Эмомалӣ хоҳиш дорем чорай Ашуроваро бинад.

Ҳатто муаллимаи тарбияи ҷисмониро угрожат мекунад,ки «уволит мекунам».Он муаллима 30 сол стажи корӣ дорад ва директор нав панҷ сол стажи дуздӣ дорад.

Хоҳиши мо аз бонуи зебо Озодаи Раҳмон ин аст ки чораи ин Ашӯрова Бахтигулро бинанд. Дар номҳои одамон маош навишта худаш мегирад. Хеле омӯхта шудагӣ аст. Зардолуи мактабро фурӯхта чи кор кард, пулаш куҷо шуд, касе намедонад.

Биёянду проверка кунанд, мебинанд, ки дар ин мактаб чи гап корҳо шуда истодааст.

Рӯдакӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ин номаро аз ноҳияи Рӯдакӣ бароятон мефиристам.

Рӯзи 17 июни соли ҷорӣ дар варзишгоҳи ноҳия машқи омодагии ҷангӣ барои сокинони гузарониданд, бо номи «Бонги хатар».

Повестка дода бурданд ҳамаро. Онҷо аз ҳамаи ҷамоатҳо мардҳои ҷавону нафақахӯрро ҷамъ оварданд. Як нафар ҷонишини вазир сухнронӣ кард.

Гуфт «хай тиёритона бине, душмано бисёр шудагианд. Ба қарибӣ мумкин бидроянд, эҳтиёт шавен». Боз як дам истоду гуфт, ки «ҳамин яташ бдроя тамом».

Замминистр гуфт «гурӯҳҳои ифротии байналмилалӣ дар гирду атроф пурқувват шуда истодаанд. Мо бояд ҳушёр бошем, қисмати мудофиавиро пурзӯр кунем. Неруҳои тарафдори ифротгароҳо бақувват шуда истоданд, хатари ҷиддӣ эҷод менамоянд

Яке аз вазифаҳои Қувваҳои мусаллаҳ несту нобуд кардани онҳо аст. Мо медонем, ки ин гунаҳо дар дохили мардуми мо ҳам кам нестанд.»

Ҳамин маҷлиси бонги хатарашонро соли гузашта дар масҷид доир карда буданд. Фақат ришакиҳо иштирок карда буданд. Аз болоиҳо ягон касро намебинӣ.

Гуфтанд, ки одам кам аст, илтимос имсол зиёдтар иштирок кунед.

Хайр, дигар рафтем соати 6 пагоҳӣ ва соати  9 омадем. Нусратулло Салимзодаи данғарагӣ, раиси район бо военний форма баромад кард. Мундуқак будаст. Маҷлис кардану гуфтанд, ки бояд дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид шавем. Ба гапи террористҳо ва хоинҳои миллат гӯш надиҳем.

Мо, ҳамчун солдат ба замминистр салом додем. Генерал-майор будаст.

Онҷо ду соат чухтамон карданд, фамилияҳоямонро навистанд. Дар стадион ягон бист ҳазор одам ҷамъ омада буд. Мардум қариб буд, ки ҳамдигарро пачақ мекарданд. Дар-паро шикастанд.

Сурати калони Раҳмонов сарфармондеҳ гуфта кашол кардагӣ.

Нусратулло Салимзода мардумро барои иштирок дар машқи Бонги хатар ташаккур кард.

Повесткаашонро ҳатто ба одамҳои 63-65 сола ҳам додаанд. Матни повесткаи як нафарро мефиристам:

тартиби №

Ба шаҳрванд  флони фалони фалевич

суроғаи ҷои истиқомат д. Испечак

ҷои кор ва суроға   бекор

Даъватнома

Дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи  ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» мутобиқи моддаи 57 ба Шумо фармоиш медиҳам, ки рӯзи 17 июни соли 2026 соати «07.00» барои муайян намудани ҳолати бақайдгирӣ ва омодагии сафарбарӣ ба Варзишгоҳи марказии ноҳия ҳозир шавед Мутобиқи кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТмоддаи 683 қ2 бе сабабҳои узрнок ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашудани шаҳрванди дар эҳтиёт қарор дошта ҳангоми набудани аломати ҷиноят ба андоза 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Бо худ дошта бошед билети ҳарбӣ ё шиноснома

ҶМ (ҷои муҳр) Комиссари ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ подполковник (имзо) Талбакзода Ҷ

2026 сол

Дар варзишгоҳ 20.000 нафар зиёд одам ҷамъ омада буд. Аммо маълум буд, ки барои 99%-и инҷо ҷамъомада ин машқи Бонги хатар нафорид. Чанд шиносе доштам фикрашон ин буд, ки ҳар касе меояд, зудтар ояду моро аз зулми Раҳмонову оилааш халос кунад.

Ба назар мерасад, ки дар таги пусташон кайк даромдааст, ҷомаи тарс дар баданаш аст, сахт метарсад, ки ягон гапу хабар нашавад. Дар ин гармои сахт даъватнома.

Ба ҷамоати Испечак ноҳияи Рудакӣ дода мардумро дар ин гармо оварда дар стадион чухт куниву гӯӣ, ки ману бачаму духтару домоду келинҳоямро аз ифротиҳо муҳофизат кунед, тайёритонро бинед. Мо тайёрем, ки дар бари онҳо биистем ва туву авлодатро несту нобуд кунем Раҳмонови хабис! .

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №370 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№149
Масъалаи хариду фуруши замин дар Тоҷикистон ба як масъалаи доғ табдил шудааст. Дар оянда ин масъала боз доғтар мешавад ва эҳтимоли саддарсадии он вуҷуд дорад, ки барои замин мардум ба тазоҳурот бархезад.

Заминфурушӣ барои он дар авҷ аст, ки ҳоло барои раисони навоҳӣ ва ҷамоату кумитаи замин манбаъи осони даромади муфт аст. Аз тарафи дигар баъзе ноҳияҳое ҳастанд, ки барои раисон хурагаҳ надоранд ва ё хурагаҳашон имкон намедиҳад, ки пули пораи додашон барои курсии зери пояшонро бипушонад. Яке фармон мебарояду онҳо холӣ аз курсӣ ба зер меоянд. Барои ҳамин новобаста аз ҳама гуна хавфу таҳдидҳо заминфуруши асосӣ дар Тоҷикистон раисони ноҳияҳо-намояндагони Президент ҳастанд. Чунки маҳз бо имзои онҳо  замин тақсим ва дода мешавад. Номаи аввали ин барнома аз ҳамин боб ҳикоят мекунад.

Қубодиён

Ассалому алллайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам, ки сиҳату саломат ҳастед. Ман як сокини ноҳияи Қубодиён, ҷамоати Утақара Назаров деҳаи Бошқалъа ҳастам.

Умедворам, ки шинохтед маро. Узбекзабон ҳастам. Ному фамилияамро барои шумо навиштам. Ман як чанд маротиба дар бораи мушкилиҳои Қубодиён ва худам ба шумо навишта будам.

Боз як мушкилии дигар бар сари 5 ҳамдеҳаамон омадааст. Инҳо тарсиданд барои навистан. Вале ҳолати корро ба ман ҳикоя кар. Ва ман ба шумо навишта истодаам.

Соли 2021 як ҳамдеҳаамон номаш Юлдошев Қурбон бо замначалники милисияи Қубодиён Исозода Дилшод гуфтанӣ шахс шинос мешавад. Ин замначалник боз Қурбонро бо раиси кумитаи замини ноҳия Эмомализода Турахон шинос мекунад. Турахон ба Қурбон мегуяд, ки агар замин даркор бошад гуй аз қишлоқатон замин гирифта медиҳам. Қурбон розӣ шуда ба рафиқаш Хушатов Мардон занг мезанаду мегуяд ман бо ду одами боқуввати ноҳия шинос шудам. Бачаҳои Санкт -Петербургро гуй агар замин даркор бошад гирифта медиҳам. Сонӣ Хушатов Мардон ба чанд шиносҳояш занг мезанаду мегуяд, ки як рафиқи ман дар Тоҷикистон аз деҳа замин гирифта медодааст. Ҳамин хел ин гап дар Санкт- Петербург байни ҳамдеҳаҳоямон паҳн мешавад. Баъди як чанд рӯз 4 нафар ба назди Хушатов Мардон меояду мегуяд мо ҳар чорамон тайёр ба замингирӣ. Мардон ба Юлдошев Қурбон занг мезанаду мегуяд 4 нафар ёфтам, худам ҳам мегирам, бо худам 5 нафар. Рав бо шиносҳоят гап зан, пулашро гуй мо равон мекунем, ба мо замин гирифта деҳ. Қурбон майлаш, ман пагоҳ саҳар район мераваму ба шумо аниқ карда мегуям гуфта телефонро мекушад. Пагоҳаш Қурбон ба назди раиси кумитаи замини Қубодиён Эмомализода Турахон мераваду мегуяд, ки ман 5 нафар пайдо кардам, сотихи замин чанд сомонӣ аст, гуед ман ба онҳо гуям. Эмомализода Турахон мегуяд ҳозир якҷоя назди раиси ноҳия Садриддинзода Бадриддин Талбак медароем ва ҳамонҷо маслиҳат мекунем. Чанд дақиқа пас назди раиси ноҳия медарояд Эмомализода Турахон бо Юлдошев Қурбон. Раис инҳоро қабул мекунад.  3 каса маслиҳат мекунанд. Раиси ноҳия ба Қурбон мегуяд, ки 6 сотихӣ ба 5 нафар ҳуҷҷат карда медиҳам 60 ҳазор доллар мешавад: «ҳозирашда 50 ҳазор доллар кати копияи паспортои ҳамон 5 нафарро гирифта биё мегуяд, кор буд шуд боз 10 ҳазор доллари дигара метиӣ мегуяд». Қурбон майлаш ман занг зада гуям раис розӣ шавад оварда медиҳам мегуяду аз кабинети раиси ноҳия баромада ба берун ба Хушатов Мардон занг зада гапҳои раисро мегуяд. Инҳо розӣ мешаванд. Мегуянд, ки мо «тичени як хафтада пулро тайёр карда равон мекунем, ту аз пушти ҳуҷҷатои замин шудан гир. Мо боз ҳақи худатро ҳам отделни мепартоем гуфта маслиҳат мекунанд. Баъди як ҳафта Хушатов Мардон ба Юлдошев Қурбон занг мезанаду мегуяд пулҳо тайёр рафта аз хонаҳоямон бо копияи паспортҳоямон   гир. Қурбон мераваду аз хонаҳои мана ин шахсҳо пулро бо копияи паспорт мегирад:

1.Хушатов Мардон

2.Баротов Элдор

3.Имомназаров Лутфулло

4.Абдуллоев Бурӣ

5.Имомназаров Соҳиб

50 ҳазор долларро гирифта рост назди Эмомализода Турахон меравад ва мегуяд, ки «мана ман пулро овардам» мегуяду ҳисоб карда ба Турахон медиҳад бо копияи паспортҳо. Эмомализода Турахон пулро мегираду ба вай мегуяд ту дар берун баромада исто, ман ҳозир ба раиси ноҳия дода мебиёям, гуфта назди раиси ноҳия Садриддинзода Бадриддин Талбак даромада меравад. Чанд дақиқа пас баромада ба Қурбон мегуяд, ки «тамом корот ҳалай, рав аз пушти зиндагит шудан гир, бачаҳора раис супориш дод, корот тичени 2  моҳ ҳал мешавад.» Қурбон ҳам хуб гуфта меравад. Ба Хушатов Мардон занг мезанаду мегуяд ман ҳама чизҳоро додам, раис гуфт баъди 2 мох корҳоятон хал мешавад. Аз мобайн вақти муқараркарда мегузарад. Қурбон меравад назди Эмомализода Турахон мегуяд, ки «ака чи шуд, кор аз вақти гуфтагитонам гузашт, аз ман одамҳои пулдодагӣ пурсидестай». Эмомализода Турахон мегуяд «боз як моҳи дигар сабр кнен, мекнем, ҳамачиш тайёрай, аз вилоят як иҷозатнома мондагияй», гуфта фиреб карда инро боз обратно пас мегардонад ба хонааш. Ҳамин хел як сол мегузарад. Имруз пагоҳ карда соли 2022 ро ба охир мерасонад аммо намешавад. Нафарони пулдода аз одамони хонаҳояшон ба Қурбон ҳамроҳ карда ба ҳукумат мефиристанд. Инҳо 5-6 кас шуда мераванд. Эмомализода Турахон мегуяд, ки раис ҳозир банд мебошад. Дар ноҳия Президент омада истодааст. «Ҳозир кори ягон касро   ҳал накарда истодаем, проверка сахт рафта истодааст, сабр кунед, президент омада равад коротона ё ҳал мекунем ё ин, ки пулатона гардонда метием» мегуяд. Инҳо ба гапҳои Эмомализода Турахон бовар карда пас мегарданд. Фиръавни замон- бачаи Майрами гурсухта ҳам омада меравад, лекин на кор ҳал мешава на пулро гардонда медиҳад.

Чанд моҳ пас Садриддинзода Бадриддин Талбакро аз вазифа мегиранд. Инҳо мебинад, ки раис аз вазифа рафт ҳамакаса ҷамъ шуда назди Эмомализода Турахон мераваду ҷанҷол мекунанд: «пулро те гардонда» мегуянд. Эмомализода Турахон мегуяд «ман пулро ба раис Садриддинзода Бадриддин Талбак додагӣ ҳастам равед аз ҳавай гиред ё ин ки гиҷое мехоҳед ариза кунед». Инҳо аз ҳукумат баромада рост ба прокуратураи ноҳия мераванд, ариза мекунанд. Котиби прокурор аризаро қабул мекунад ва ба инҳо мегуяд: «тамом аризатон қабул шуд, мо дида мебароему ба шумо ҷавобашро медиҳем». Баъди 2-3 руз хонагиҳои ин 5 касро бо ҳамроҳи Қурбо ба отдели ноҳия Иброҳимзода Камолиддин  замначалник фарёд карда ба дараҷае доду вой карда инҳоро таҳдид мекунад, ки инхо аз тарс баёнот медиҳад, ки мо ба ягон кас пул надодаем. Ва бо ҳамин ин темаро инҳо аз тарс маҳкам мекунад.

То ҳол пулро надодааст. Дар охир як касро ёфта ба назди Эмомализода Турахон равон кардем. Вай гапҳои Эмомализода Турахонро ба мо запс карда равон кард ва ман ба шумо фиристодам. Охирон умеди мо аз Ислоҳ аст. Мо шояд натавонем, ки 50 ҳазор долларамонро бигирем. Лекин шумо чоп кунед, марду бидонад ва бинад, ки раиси ноҳия Садриддинзода Бадриддин Талбак ва Эмомализода Турахон дар асл чи гуна одаманд. Албатта, мо ин запси гуфтугуро ба Агентии коррупсия доданӣ ҳастем. Аммо бубинем, ки баъди нашр онҳо чи кор карданианд.

Мо узбекзабонон бо шумо ҳастем.

Айнӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Бародари арҷманд ман барои аввалин бор ба шумо менависам. Аммо солҳост, ки сайти шуморо мутолиа мекунам. Рости гап барномаҳои Ютубиатонро гоҳ мебинам вале сайтро ҳамеша мехонам. Вақти барои тамошои Ютуб кам дорам.

Шумо дар бораи корхонаи тавлиди алюминиюми Тоҷикитон чандин мақолаҳои хуб ва пур аз факту рақамҳоро навишта чоп кардед. Ҳамаи навиштаҳои шумо дар бораи ин корхона дуруст аст. Ин корхонаро Раҳмонову Ҳасани додарарусаш ва Шералӣ Кабиров асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон ҳарому расво карданд.

Ман солҳо дар вазроти саноати Тоҷикистон кор кардаам. Ҳоло ҳам дар яке аз муассисаҳои муштараки тавлиди тилло, ки бо Хитоиҳо аст ва ҳисоботашро ба вазорати саноат медиҳад, кор мекунам.

Чанде пеш дар газетаи Ҷумҳурият, ки моҳоро маҷбурӣ обуна мекунанд, чашмам ба як навиштае афтод, ки он таҳти унвони «ТАЛКО. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ РАҚОБАТПАЗИР» аз 2 майи соли ҷорӣ чоп шудааст. Ин навишта гувоҳи он аст, ки вазъу ҳоли ин корхонаи бузургтарини Тоҷикистон, флагмани саноат, ки 13 ҳазор коргар дар се баст дар он кор мекрад ва солона 450 ҳазор тоннаи арзизи хом тавлид мекард ва 45% асъори хориҷии кишварро таъмин мекард бисёр ҳам бад аст.

Бубинед, ки дар ин мақола чиҳо гуфта мешавад:

«Дар давоми 12 моҳи соли 2023-юм, 77 адад электролизёр ба маблағи зиёда аз 105,0 миллион сомонӣ ба кор андохта шуда, барои роҳандозии 25 адад электролизёр мавод харида шудааст.
Маҳсулнокии миёнаи электролизёри алоҳида аз 975 кг то ба 1034 кг афзуда, ҳамчунин, сифати алюминийи истеҳсолшаванда беҳтар шудааст. Агар дар соли 2022, алюминийи навъи  АВ97 (97%Al) истеҳсол шуда бошад, пас, дар семоҳаи чоруми соли 2023 ба андозаи 100 фоиз алюминийи  баландсифати навъҳои А7, А5 ва  А0 истеҳсол шудааст, — иброз дошт Игор Сатторов, директори департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи гурӯҳи ширкатҳои ТАЛКО.
Дар нақша аст, ки соли 2024 зиёда аз 96 электролизёр ба маблағи 146,2 миллион сомонӣ таҷдид ва мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Истеҳсоли алюминийи аввалия дар соли 2023-юм 66 649 тоннаро ташкил дода, нисбат ба соли 2022-юм, 4 606 тонна ё 107,4 дарсад зиёд мебошад.
ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” дар соли 2023-юм уҳдадориҳои ҷории андозии худро пурра ба иҷро расондааст. Феълан Ширкат аз андоз қарздор нест.
Гардиши савдои хориҷии он бошад, дар соли 2023-юм 244,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, аз ҷумла: воридот – 113,7 миллион доллар, содирот –130,6 миллион доллар.
Теъдоди умумии электролизёрҳои амалкунанда дар охири марти соли 2024-ум 211 ададро ташкил дод ва дар 3 моҳи аввали соли 2024 дар Ширкат 19 адад электролизёр ба кор андохта шуд. Соли 2024 тармим ва ба кор андохтани 96 электролизёр ба нақша гирифта шудааст.
Истеҳсоли алюминийи аввалия дар семоҳаи якуми соли 2024-ум 19 731, 75 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба семоҳаи якуми соли 2023-юм 4235,8 тонна ё 127,3 фоиз зиёд мебошад.
ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик» ба нақша гирифтааст, ки то анҷоми соли 2024 ҳаҷми истеҳсолро ба зиёда аз 25 фоиз афзояд. Тибқи нақшаи стратегии ТАЛКО барои соли 2024, бо назардошти корандозии электролизёрҳои нав, истеҳсоли алюминийи аввалияро то охири сол беш аз 84000 тонна, яъне, камаш 25 фоиз нисбат ба соли 2023 биафзояд.
«Ширкат роҷеъ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаи ба содирот нигарондашуда, ки дар бозорҳои дохилию минтақавӣ ва ҷаҳонӣ рақобатнок бошад, самаранок фаъолият бурда, ҳаҷми истеҳсоли онро тадриҷан зиёд мекунад».
Як корхонаи бузургро Раҳмонов ва Ҳасан Асадуллозода ба хоки сиёҳ яксон карданд. Ҷинояти бисёр ҳам сахту сангин. Миллиардҳо долларро аз ҳисоби ин корхона ба ҷайбашон заданд. Ман тамоми умрам дар ин корхона кор кардам. Ҳама чизашро медонам. Ҳоло ба ин коргоҳи бузург дилам месузад.

Синании яҳуд раиси он буд. 450 ҳазор истеҳсол мекард. Ҳатто дар солҳои ҷанг истеҳсолаш ба ин ҳад наомада буд. Масалан то соли 2005 дар даврае, ки дар дасти Абдуқодир Эрматов  ва Аваз Назаров 420 ҳазор тонна истеҳсол мекард.

Раҳмонову Ҳасан ин корхонаро гирифтанду тамом карданд.

Аммо даҳҳо корхонаро бо номи Талко ва дар дохили завод сохта аз ҳисоби свети арзони он ба манфиати шахсиашон истифода карда истодаанд. Аммо бубинед, ки  дар шарҳи ин дуздии ошкорои пули барқ ва арзону ночиз дастрас кардани арзизи хом ин нашрия дар идомаи мақола чи менависад. Ҳамаи ин корхонаҳо, ки дар зер исмашон оварда мешавад аз они худи Раҳмонов ва Ҳасан аст:

Ширкат ҳамкории васеъро бо корхонаҳои саноатии ватанӣ идома медиҳад. ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик”дар семоҳаи якуми соли 2024  бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶММ «Ноқили ТАЛКО», ҶСП «Ноқили Турсунзода», ҶММ «КМ ТТ ТАЧПРОФ», ҶММ «Алюпроф» ва истеъмолгарони дигари дохилиро бо 2 883,5 тонна алюминий ба маблағи  70,4 миллион сомонӣ таъмин намуд.
Дар навбати худ, маҳсулоти корхонаҳои мазкур, дар баробари интиқол ба бозори дохилӣ, ба хориҷи кишвар, қабл аз ҳама, ба Ӯзбекистон, Қирғизистон,Туркия ва Эрон  содирот мешавад.
Нархи миёнаи алюминий дар Биржаи филизоти Лондон дар семоҳаи якуми соли 2024-ум  2199  $ /тн-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 196 $/тн кам мебошад.
Маблағи маҳсулоти молии ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик» дар семоҳаи якуми соли 2024  ба 149,4 миллион сомонӣ расонда шуд, ки назар ба семоҳаи якуми соли 2023-юм 32,4 миллион сомонӣ зиёд аст. Маблағи фурӯши маҳсулот 143,3 миллион сомониро ташкил дод ва дар қиёс ба  семоҳаи якуми соли 2023-юм 28,6 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад.
Гардиши савдои берунии Ширкат дар семоҳаи якуми соли 2024-ум  68,5 миллион доллари ИМА, аз ҷумла воридот 30,9 миллион, содирот 37,6 миллион долларро, ташкил дод.
Дегҳо ё ҳамон электролизёрҳо дар ин мақола зикр шудааст дар Талко 3000 адад буд. Ҳамаи онҳоро корношоям карда як қисми онҳоро ҳатто барои оҳанпора ҳам супориданд.

Бовар кунед, ки аз кор уфтондани Талко яке аз сангинтарин ҷиноятҳои иқтисодии Раҳмонов аст. Талко муҳкамтарин ва раднашавандатарин далели ҷиноят ва хиёнати Раҳмонов ҳамчун роҳбари давлат аст, ки ба ин давлат кардааст!

Дуруст аст, ки Раҳмонов сартопо ҷиноят аст одамкуш, ғоратгар аст. Аммо зарару зиёне, ки аз вайрон ва нима нисфа кардани корхонаи алюминий ба давлат расонид аз садҳо миллиард доллар ҳам зиёд аст.

Ҷинояти Раҳмонов фақат сиёсӣ нест. Ҷинояти Раҳмонов заминфурушӣ, ҷинояти Раҳмонов роҳи пулакӣ, ҷинояти Раҳмонов тахриби амдии «ТоҷикАйр», ҷинояти Раҳмонов беваҷҳу беҳуда барҳам задани бонкҳо ва расонидани зарар ба халқ ва ғайраву ҳоказоҳои зиёд аст, ки онро бояд сахт ревизия ва аудит кард.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Дар шумораи пешинаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» дар бораи масҷиди Ҷарқишлоқ-Панҷруди Душанбе ва мулло Дилшод,ки навишта фиристода будам, ки чоп кардед. Сипоси фаровон ба шумо. Ва ҳоло боз як номаи дигар.

Дар микрорайони 92-и Душанбе дар маҳалаи Ҷарқишлоқ (Панҷруд )дар масҷид дуюм ҳафта аст, ки дар намози ҷумъа оқи падарҳои » ғамният « ва милисаҳо омада мардумро рӯз намедиҳанд, ки мардум соз намозҳояшонро хонанд!
Дохили масҷид пур мешавад, мардум маҷбуранд, ки аз дарвоза берун намоз хонанд. Дар бари масҷид як плошадкаи дигар ҳаст, заминаш бетон кардагӣ, примерно ягон 30/30 метр ҷояш.
Онҷо ҳам пур мешавад. Пас, мардум дар куҷое, ки ҷой ёфт намозашро мехонад!
Имрӯз 31.05.24 як оқи падари амниятӣ омад. Ба сари мардум грубий доду-вой карда сур кард, ки «да иҷа намоз нахонен». Мардум мегуянд, ки дар куҷо намоз хонем ҷой набоша?
Мегуяд, ки «мада фарқ надора, да иҷа намоз намехонен». Маҷбур кард мардумро, ки ҳама дар ҳамон плошадка намоз хонанд. Баъд як тараф рафт, мардум ҳама, Аллоҳ шоҳид аст на зан монданд, на очаву хоҳар, ки бисёриаш мегуянд «касиҳо дар бади мардум задан, специально дар назари мардум худшона бад кардестан» .
Мардумро маҷбур кард, ки «да иҷа намехонен», мардум маҷбур ждат кардан, баъд дар вақти фарзро хондан, боло ба боло дар ҳамон плошадка чанд касе ҷо гирифт, хонд. Мондагӣ ҳама дар болои хоку чангу мусор хонданд. Аз он тараф гашт омад, ки як бача ҷойнамозашро партофта суннати пеш аз фарз хонда истодааст. Оқи падар дар болои сараш истод, ждат кард, баъд як петухи милисаи лейтенантро фарёд кард, ки ждат кунад, ки он бача баъди намоз ягон ҷо наравад. Баъд аз намози ҷумъа мо суннати намози фарзро хонда истода будем. Он бача намозашро хонда буд кард, ки гирифтанду бурданаш. Баъди намози ҷумъа, бовар кунед, ки ҳама ҳақорат карданашон.
Бо истифода аз фурсат бародари Муҳаммадиқбол як хабари дигар мефиристаматон.
Ин хабари аз автобазаи парки автобусҳо рақами 1 аст. То ҷое ман фаҳмидм директораш Фирдавс ном доштааст, ва аз бачаҳакои «круг»-и гунгакмоҳи наркомани Рустами Эмомалии бачаи Майрами гурсухта буда аст. Таваллудуш 1992. Савод абсолютно надорад, «ҳоло ақл ку усун беста».
Бо як ду одам гап задам, ки гуфти гапҳо проблемаро аз дарун медонанд. Гуфтан бавар кун дуздо-дузди дар авҷ аст. Мардуми шофёрро рӯз намедиҳанд. Бо карта кардагианд, аммо план дар ҳаво. Бегоҳ, вақти планро супоридан, планро буд намекунанд мардум. Мегуянд, ки «мода фарқ надора,аз кисаи худтон плана супорен».
Вақте аз мардум пули налични мегирӣ, дар линия меоянд ҷанга мекунанд, ки пули налични нагиред. Аммо бегоҳ боз ҳамон «проблемаи плана буд накардани шофиёрҳо». Ҳар рӯз ҷангу ҷанҷол, мардумро рӯз намедиҳанд, ки кор кунанд, на планро ҷамъ кунанд, аммо фақат талаб карданро медонанду тамом. Мардум мегуянд, ки бо ҳамон маоши 1800-2000 сомонии медодагиашон, намедонем, ки зиндагиро пеш барем ё плани ин ҳаромиҳоро супорем. Масалан шофиёри нав меояд, ягон моҳ кор мекунад-намекунад, ки ин проблемаҳоро мебинад, ҳақорат карда мебарояду меравад.  Мардуме, ки чанд 10 сола кор кардагианд, ҳамара аз як лаб, то сур мекунанд, то маҷбурӣ ба пенсия роҳӣ мекунанд, ё ки бо статия пеш мекунанд. Баъд он бечораҳо пенсияи 150-200 сомона ба зӯр аформит мекунанду тамом.

Автобусҳоро мегуянд бояд Т/О дар пробеги 20 ҳазор кунӣ ва  бояд маслаашонро иваз кунанд.
Вале мегуянд, ки Аллоҳ шоҳид аст 50 ҳазор мегарданд автобусҳо, баъд маслаҳояшонро иваз мекунанд. Он масла уже мазут шудагӣ аст. Боз болоӣ дар вақти иваз кардани маслаи мотор, як маслае мерезанд, ки   последний сорт меистад. Аз ҳама пасттарин масла мерезанд, барои ҳамин шофиёрҳо безор шудагӣ, аз дастаи ремонти автобусҳоро.
Ягон автобус агар вайрон шава мебинанд, ки шофиёр нест, касал ё бо ягон проблема кор набуромадааст, мегуянд рав аз автобуси ҳамон запчасти даркориро бикану гир, вайро баъд ҳал мекунем. Ана баъд вақте, ки ӯ бечора кор мебарояд, проблемаи вай сар мешавад, то инаш намерасад, то дигараш. Махинатсия бо картаҳои мардум беҳад сахт мекунанд.
Шофиёрҳо ҳам карта доштанд. Мегуянд, ки бегоҳ дар картаи як хел шофиёрҳо то чанд миллион сомонӣ пул пайдо мешавад, худ аз худ. Дар системаашон ягон сбой мешавад ё ягон чизи дигар, «дига и паро-пара мебинӣ, то ун шафиёра миёван, ки девона мешаван»!
Ба гуфтаи ин бародарҳо, аз картаи мардум ба чи махинатсияҳое пулҳояшонро   медузданд. Вагарна ин қадар миллион сомонӣ дар картаи шофиёрҳо просто так пайдо намешавад!

Зафаробод

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Худо умри шуморо дароз кунад ва душманонатонро хору залил гардонад. Аз Зафаробод дар бораи лоиҳакаш-архитектор, ки Ислом ном дорад гуфтанӣ ҳастам.

Ҳозир дар Зафаробод замини наздиҳавлигӣ яъне участка тақсим карда истодаанд. Аз тарафи давлат ва бе пул. Аммо руяшонро сиёҳ мекунанд. Ана ҳамин Ислом, ки як узбекзабон мебошад, ман милатчигӣ кардани нестам, то 10 ҳазор сомонӣ нагирад имзо намекунад. Ин ҳам агар шумо бо ягон шиносаш ба вай бароед, боз даҳ ҳазор коратон буд мешавад.

Агар шинос надошта бошед то 12- 15 ҳазор надиҳед имзо намекунад. Мо намедонем доду дардамонро ба, кӣ ва куҷо гуем? касе ба додамон намерсад.

Охир ҳамин корманди ҳукумат чанд сомонӣ маош мегирад, ки дар таги пояш мерседеси оинаҳояш тонировка кардагӣ ва боз бо номерҳои крутойи 92-92. Дар шаҳри Хуҷанд дар баландошёнаҳо чанд квартира дорад. Охир ин ҳукумати Раҳмонов мақомоти ҳифзи ҳуқуқии вай куҷоро нигоҳ мекунанд?

Як коргари архитектура аз як бизнесмен бештар дороиву сарват дорад. Вай худаш дар 40 солагӣ зиндагӣ мекунад. Онҷо як ҳавлии калон доштааст. Мо куҷо равем? Ҳукумат меравем ба қабули раиси ноҳия қабуламон намекунад. Чор сол мешавад, ки дар муҳоҷирӣ гаштаам. Зану фарзандамро бо тилфон мебинам. Ман ҳам мехоҳам, ки дар пеши зану фарзандам бошам. Ҳукумати ин золимҳо то кай идома мекарда бошад?

Охир мо дар Русия сум наруфта истодаем. Дар инҷо низ рӯз то рӯз нархи патенту дигару дигарашро гарон карда истодаанд. Мо пули патент диҳем, пули ҷойи хоб диҳем, зану фарзандамонро нигоҳ кунем, чи кор кунем?

Мо 4 нафар фарзандем дар оила: 1 духтару 3 писар. Вақте ман хизмат рафтам ба ман гуфтанд, ки ба шумон участка медиҳем. Хизматро тамом карда омадам ягон чи надоданд. Айни ҳол ду додарамро яку якборагӣ хизмат гирифта бурданд. Военкоматаш ҳам як порахури дигар. Аз рӯйи қонун бояд дар як вақт аз як оила ду нафарро набаранд. Аммо дар ин режими Раҳмонов барои азобу азияти халқи камбағалу одӣ ҳама чиз мумкин будааст. Додари калониам чашмаш нағз намебинад, вале бурданд. Прокуратура рафтем ҳеҷ кас ба додамон нарасид. Худи комиссар-военком мегуяд, ки 1.500 доллар биёр мегардонам. Охир мо аз куҷо гирем ин қадар сумро?

Ислом дар 40 солагӣ як чанд магазини хозтовар ҳам дорад. Охир ин қадар магазину хонаву мошинҳои сиёҳшиша аз куҷо? Коррупсияву прокуратураву амният куҷоро нигох доранд. Ислом боз гоҳ-гоҳ  маст шуда дар байни ҷураҳояш «ман задагӣ ҳамаша» мегуфтааст. Ҷураҳояш мепурсидаанд, ки «Ислом ту магар наметарсӣ, иқа сума мегири аз халқ?» Ин беномус боз мегуфтааст,ки «гап байни худамону кришаи ман аз боло, ман задагӣ Зуфархонашаму амнияташаму прокурорашро ҳам». Ҳамара задагӣ будаст. Дар вилоят гапи ягон кас ба вай намегузаштаст. Чунки кришааш дар республика будаст.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№149 появились сначала на ISLOH.net.

Ш.Кабиров ҳудуди 700 млн доллар металҳои рангаву оҳани партобгоҳи Алюмин заводро обу лой кард…
Раддияи шашшум

Ҷавоби навбатӣ ба мақолаи зиёиёни тоҷик, оиди Асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон Шералӣ Кабиров

аз 500 то 700 миллион доллар оҳану металлҳои ранга ва коксу дигар ашёи хоми заводи алюминйро Шералӣ ва бародаронаш обу лой карданд…

Хонандагони азиз! Мувофиқи ваъда таҳқиқоти мо нисбати саҳми беназир ва фақуллоддаи яке аз олимони ҷавони болаёқат, кордону созанда ва инсони саховатпеша, вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳо, Шералишо Кабиров дар мавриди ободкориву пешравиҳо дар иқтисодиёти Ватани азизамон идома дорад.

Дар давраи омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти ин олими ҷавон ба бисёр ҳолатҳое дучор шудем ва ангушти ҳайрат газидем. То ҳоло бовариамон намеояд, ки дар ҷамъият як нафар ба халқу давлат ин қадар зарарҳои калон, ва хиёнатҳо карда метавонистааст. Лекин боз дар назди роҳбарият мӯътабару бообруй ва дар вазифаҳои баланд таъйин мешудааст. Мумкин аст ин ҳолатҳо фақат дар Тоҷикистон бошад. Аз рӯзи аввали навиштани мақола ба ҳамагон гуфта будем, мо ба ягон шахсе, ки дар мақолаҳо номҳояшон нашр мешавад хусумат, бахилӣ ё бадбиние надорем. Мехоҳем ки ҳақиқатро мардум бидонад ва дар вақтҳои лозимӣ хулосаи худро дуруст барорад. Агарчи аз мардуми бечора ҳеҷ кас фикру ақидаашро намепурсад, лекин ҳатман вақту соате мерасад, ки овози мардум шунида мешавад!

Афёра, қаллобие (мошенники), ки дар иқтисодиёти Тоҷикистон, дар давоми 20-25 сол як худи Шералӣ Кабиров дар танҳоӣ кардааст, дар дигар мамлакатҳо як ҳукумат карда наметавонад. Мо Ҳасан Асадуллозодаро ҳамроҳ ҳам намегӯем, чунки ӯ як лухтак, бозичае шуда буд дар дасти Шералӣ, савод ҳам надошту то имрӯз надорад. Поёнтар тасдиқи суханҳои худро бо мисолҳо меорем. Аз як тараф офарин ба Шералӣ Кабиров, ки худ ҳам бе ягон маълумоти олӣ, бе таҷрибаи бойи корӣ, ба ин схемаҳои ниҳоят калон нотарсида даст задааст. Масалан, аз 100% мактубҳои гарантиявии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар давоми 30 сол Раиси Ҳукумат, яъне Эмомалӣ Раҳмонов имзо кардааст, на кам аз 60% — ро маҳз Шералӣ Кабиров истифода бурдааст. Боқимонда 40% мактубҳоро домодону духтарон ва баъзе аз вазирон истифода бурдаанд. Як лаҳза ин чи мактуб ва чи қурб доштанашро ба хонандагони азиз эзоҳ медиҳем. «Гарантийный письмо правительства»— ин кафолати давлат ба тарафи дуюм, ки дар ҳолати аз тарафи ширкати ватанӣ иҷро накардани шартҳои байни ду компания баста шуда, ҳукумати Точикистон кафолати пардохти маблағҳоро медиҳад. Агар ин тавр мактуб дар дасти соҳибкори оддитарин ҳам бошад беҳтарин заводу фабрикаҳои дунёвиро ба Тоҷикистон меорад. Як мисоли дигар, солҳое, ки Яҳё Азимов сарвазири Тоҷикистон буд, ба як корхонаи хориҷии коркарди пахтаи вилояти Суғд мактуби «гарантия правительства» ба 2 ё 3 миллион доллар барои овардани хатҳои технологии нав, ҳамчун сарвазир имзо карда дода аст. Дар охир ҳамин имзояш сабаб шуд ки пурра аз вазифа холӣ карда шуда дар давоми зиёда аз 20 сол дигар ягон вазифа ҳам несту зиндагии осуда ҳам надорад. То ҳозир дар Москваю Дубай зиндагӣ мекунад. Сарвазири ҳозира Қоҳир Расулзода ҳатто қудрати ба сад доллар имзои гарантияро надорад ва баъд аз тақдири имзои қудояш Яҳё Азимов худаш ҳам намехоҳад. Ана ин аст арзиши ин мактуб дар назди президенту ҳукумат. Ҳамаи гарантияҳои ҳукуматиро фақат худи пешво имзо мекунаду халос. Тасаввур  кунед, ки садҳо ҳамин тариқ мактубҳоро Шералӣ Кабиров дар давлатҳои хориҷӣ, Хитой, Турикия, Америка, Германия, Эрон ва даҳҳо давлатҳои Европа тақсим карда дода асту Тоҷикистонро даҳҳо миллиард доллар қарздор кардааст. Як ҷумҳурии майдаи камбағал даҳсолаҳои оянда қарзҳои ба сари мардум овардаи Шералӣ Кабировро пардохт мекунад! Мувофиқи маълумотҳо, аз ин мактубҳо дар папкаи Шерали доимо 3-4 дона бо имзои президент ёфтан мумкин аст, ки иҷозати ҳар куҷое истифода бурданро дорад. То кадом дараҷа дар боварии пешво даромада аст! Аз ҳамаи мактубҳои гарантия додааш ҳатман аз 15 то 30% «доля» мегирифтааст, ки дар охир корхонаҳои сохтаи Шералӣ Кабиров дар Тоҷикистон, бо арзиши даҳҳо миллион доллар қимматтар тамом мешудааст. Яке аз сабабҳои асосии қимат тамомшавии корхонаҳои Шералӣ дар ҳамин аст. Сабаби дигари қиматшавиашро поёнтар нақл мекунем.

Дар маҷлиси охирони ҳукумат, пешво асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистонро сахт сарзаниш намуда аз фаъолияти ӯ норозигӣ баён намуд. Махсусан нисбати корхонаи бузурги алюминий пурсон намуд, ки корхона куҷо шуд? Канӣ ҳазорҳо нафар кормандон? Канӣ маҳсулоти алюминий? Гуё  Пешво нав хабардор шудааст, ки корхона аллакай дар ҳолати сахти муфлисшавӣ қарор дорад, лекин маълум гашт, ки ба афсонаҳои бофтаи Шералӣ Кабиров то дирӯз бовар карда, як маротиба аз дигарон ҳақиқати ҳолро нисбати ин заводи стратегии ҷумҳурӣ пурсон накарда будааст. Аниқтараш аз мақолаву таҳлилҳои «Ислоҳ» фаҳмида аст, ки аҳвол дар атрофи ҳамаи проектҳои Шералӣ Кабиров, ки садҳо миллион доллари бюҷетро сарфа намуда сохта аст, хеле бад аст. Пешво нисбати дигар корҳои Шералӣ низ эродҳои сахт гирифта ба мақомоти қудратии кишвар супориш дода аст, то ин ки омӯхта ба ӯ маълумотномае пешниҳод намоянд. Гуфтааст, ки баъд хулосаи ояндаи Шералиро медида бошад. Бовар кунед, наход пешво то ба ин дараҷа аз ҳақиқат дур шудааст, ки намефаҳмад, ки Шералӣ Кабиров даҳсолаҳо камбудиҳои тамоми аҳлу оилаи Ятимов Саидмӯъмин, Рамазон Раҳимов, Юсуф Раҳмон Муроди телех ва дигар роҳбарону хешу таборони худи пешворо бо сари баланд, бо сифати баланд аз пулҳои бюҷети давлат ва пулҳои инвесторони Талко менеҷмент бартараф мекунаду дар як рӯзи зарурӣ онҳо ягон маълумотномаи манфӣ нисбати Шералӣ ба пешво навишта медода бошад, ҳол он ки дар Тоҷикистон ҳама кор шуданаш мумкин аст. Аммо нисбати Шералӣ ҳеҷ кадоме аз онҳо як калимаи бад намегуяд, чунки тӯҳфаҳои қиматбаҳо, маблағҳои калон, хонаву мошинҳое, ки ба онҳову фарзандони онҳо Шералӣ Кабиров медиҳад ҳеч як бизнесмени дигар намедиҳад. Мо бовар дорем, ки сохторҳои қудрати ӯро аз пешво зиёдтар дӯст медоранд  ва бе шакку шубҳа маълумотномае пешниҳод мекунанд, ки нисбати Шералӣ Кабиров «душманони беруна» тӯҳмат карда истодаанд ва мехоҳанд дар назди шумо сиёҳ намоянд ва пешравии иқтисодиёти Тоҷикистонро боз доранд. Яъне баръакс Шералиро қаҳрамон мебароранд. Инҷо Шералӣ Кабиров на онқадар гунаҳкор аст. Чунки дидаву дониста сохторҳои қудратӣ ӯро дастгирӣ менамоянд. Асосан СС. Ятимов бо кормандони худ гунаҳкори калон нисбати ба нестӣ расонидани заводи алюминий тоҷик мебошанд, ки дар тамоми ҷиноятҳои Шералӣ чашми худро ба хотири як туҳфа ё пул пӯшидааст. Ҳатман дар ояндаи таърих номҳои ҳар яке аз онҳо мисли Шералӣ ҷинояткор навишта мешавад. Фикр кунед, ки имрӯзҳо барои сохтумони ин тавр заводи бузург даҳҳо миллиард ва даҳҳо сол вақт лозим мебошад, ки Тоҷикистон аниқ ин зарфиятро надорад. Дар 30 соли истиқлолият сохтумони бузурги миллат, ки мардум гуё фахр мекунад, ин парчами баланд ва якчанд сохтмонҳои баландошёнаву паркҳо мебошад.

Дар компанияи Талко -менеҷмент се гурӯҳ одамон кор мекунанд, гурӯҳи якум, ҳама аз ноҳияи Дарвоз, ё рагу пайванди дарвозӣ доранду тамоми ҳисобот, хариду фурӯш, яъне молиёт (финанс) дар дасти онҳост; гурӯҳи дуввум ин фарзандони мансабдорони ҳозираву собиқа ва худи мансабдороне, ки ба нафақа баромадаанд; гурӯҳи сеюм ин тамоми маъшуқаҳои Ҳасану Шералӣ, духтару бачаҳои рафиқони онҳо мебошанд, ки тамоман мисли як лухтак ба кор омада мераванд. Умуман мутахассисони соҳа дар ин компания ангушт шуморанд. Аз ҳамин сабаб бисёре аз мансабдорон аз Шералӣ Кабиров забонкӯтоҳ мебошанд. Агар зарурият пайдо шавад, дар дасти мо зиёде аз ному насаби онҳо ҳастанд. Аз ҳама ҷолиб ин аст ки вақте Шералӣ Кабировро баъд аз маҷлис рафиқонаш пурсиданд, ки оқибати эроди пешво чи мешавад, чун ҳарвақта ханда карда гуфт, ки ин як спектакли ҳамавақта буд, боз бегоҳ пешво ҳатман маро ба ужин даъват карда, дилдорӣ мекунад, ки дар назди душманонат ман туро каме танбеҳ додам ва ҳамааш хуб мешавад. Дар ҳақиқат ин ҳолатҳо якум маротиба нест. Ӯ бе шак маҳорати аз об хушк баромаданро дорад. Рӯзҳои охири моҳи январ, дар назди вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми зиёде як -ду рӯз ҷамъ шуда мисли митинг норозигиҳо доштанд. Баъдтар маълум гашт, ки онҳо кормандони худи дастгоҳи вазорати саноат будаанд, ки якчанд моҳ маоши худро гирифта наметавонанд. Боз бадтараш ин аст ки ба назди вазир ҳатто муовинони вазир даромада наметавонанд, қабул намекунад, ҳафтаҳо ва ҳатто моҳҳо бо ягон кас гап намезанад. Доимо бо одамони наздики худ ва баъзе меҳмонҳо вохӯриҳои худро мекунаду халос. Бо муовинони худ бо ягон сабабҳои майдатарин қаҳрӣ мешаваду моҳҳо дигар қабул ҳам намекунад, гап ҳам намезанад, мабодо ягон маслиҳати корӣ диҳед, тамоман худо зад, дигар умуман қабул намекунад, ки ба МАНИ БУЗУРГ ин роҳ нишон медиҳад. Ҳайрон мемонем, ки ин вазорати давлат бошад, ҳар як муовини ӯро ҳукумати Точикистон, яъне пешво таъин намудааст, ин мардум дар хонаи Шералӣ Кабиров набошанд, ки ӯ қаҳру ноз кунад. Агар бисёр қаҳр кардан мехоҳӣ, бирав ба қишлоқи худат ба Қалъаи Хум, дар хона худатро махкам намуда аз ҳама қаҳр кун. Ин идораи давлатӣ бошад, мардум ба умед ба кор меояд. Бовар кунед аз рӯзи аввали таъин гаштан ҳамчун вазир то ҳозир ба зиёде аз кормандони вазорат бо даст салом накардааст. Ҳол он ки вазирони собиқ, ғайр аз Гулов Шералӣ, маоши хуб ҳам намедоданд ақаллан кормандони худро қабул намуда гӯш мекарданд. Ба маъракаҳои хурсандиву ғамашон иштирок менамуданд ё нафареро аз номи худ равон мекарданд, доимо салому алейк менамуданд. Шералӣ Кабиров худашро боз як пешвоча сохтааст, ки ин хислатҳоро аз Ҳасану пешво мерос қабул кардааст. Ин хислатҳои одамони бесавод, нодидаву чашмгурусна ва сабукфикр мебошад.

Фактҳои радношаванда:

Баъзе факту рақамҳоро аз корхонаи алюминий тоҷик меорем, ки дар давраи фаъолияти Шералӣ Кабиров рӯй додааст. Дар солҳои пеш, ғайр аз истеҳсоли маҳсулоти асосии алюминий дар дохили завод сехҳои майдаи истеҳсолотии маҳсулоти хоҷагии халқ ба монанди карниз, қошуқу вилка, дегу тағора, телевизору даҳҳо чизҳои зарурӣ фаъолияти доимӣ дошт ва ба тамоми ҷумҳурӣ фурӯхта мешуданд. Ҳамаи ин корхонаву сехҳо нест шуда рафтанд, ки асосан аз ашёи боқимондаи истеҳсолот кор мекарданд ва садҳо нафар одамон ба ҷойҳои кории доимӣ таъмин буданд. Дар завод як корхонаи истеҳсоли анод буд, ки асосан барои экспорт маҳсулот мебаровард ва ба Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон ва Русия  фурӯхта мешуданд. Анод асосан бо гази табиӣ ва бо сифати аъло дар заводи ТадАз истеҳсол карда мешуд. Лекин аз сабаби напардохтани пули гази истифода шудаи завод дар назди Узбекгаз, оҳиста — оҳиста истеҳсолоти анод ба нестӣ рафта расид. Даҳҳо маротиба такрор намуда будем, ки баъд аз ба дасти Ҳасан Асадуллозода ва Шералӣ Кабиров гузаштани ТадАз, на фақат пули барқу обу газ, ҳатто маоши одамон дар вақташ бо пуррагӣ дода намешуданд. Соҳибкорони маҳалливу хориҷӣ низ садҳо маротиба фиреб хурда баъд аз молҳои худро ба завод супоридан бо маблағҳояш низ хайрухуш менамуданд, ки оқибати ин муносибатҳо мисли Текстил комбинати шаҳри Душанбе, шёлк- комбинати шаҳри Душанбе ва даҳҳо дигар корхонаҳое, ки бо партнёрҳои худ муносибати ноҷавонмардона мекунанд, оқибаташон ана ҳамин тавр муфлисшави мебошад. Ба ҳама маълум аст, ки Ҳасан Асадуллозода ба ном шеф мебошад. Аз рӯи нақлҳои бешумори Шералӣ Кабиров, дар давоми 15-16 соли идораи заводи алюминий, Ҳасан алюминийро аз пластмасса фарқ карда наметавонад ва шабу рӯз дар маишати худ, таҷовузкории духтаракони беҳимояи ноболиғ овора мебошад ва дар фикри зиёд намудани саршумори ҳаромзодаҳои худ аст, ки ваъдаи сад нафар фарзанддор шуданро ба гирду атрофи худ дода аст. Ҳоло бошад нав ба 70 нафар расидааст. Шералӣ Кабиров бисёр шод ҳам буд, ки ҳамин тавр шефи чашмгурусна ва тупой дорад. Барои ҳамин шароити фароҳам омадаро хуб истифода мебурд.

Оиди кори завод, барои аз ин вазъият баромада истеҳсоли анодро боз ба роҳ мондан, аз ҷумҳурии Чин ду агрегати истеҳсолкунандаи гази табииро (искусственный путем) бо даҳҳо миллион доллар (албатта нархашро ду ё се маротиба баланд намуда), харидорӣ намуд, лекин истифода бурда натавонист. Дар натиҷа аноди сифати паст ҳосил карда шуд, ки харидорони асосӣ аз харид даст кашиданд. Ин тавр мисолҳо хеле ва хеле зиёд ҳастанд, ки олими ҷавон садҳо корхонаҳои беҳтарини кишварро ба нестӣ расонида ҳамчун оҳанпора фурӯхта аст. Дар натиҷаи қатъ шудани истеҳсоли анод, сифати маҳсулоти асосии завод хеле поён рафт. Вақте ки сифати анод паст бошад, масрафи глинозём, кокс ва дигар компонентҳо зиёд истифода бурда мешавад ва дар охир арзиши аслии маҳсулоти тайёр хеле боло меравад ва дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба рақобат дучор мешавад.

Боз як методи чашмбандӣ, қаллобии Шералӣ Кабировро дар заводи алюминии тоҷик қайд накарда наметавонем. Дар заводи алюминий аз рӯзи аввали фаъолияташ, яъне соли 1975, дар корхона ҷои партовгоҳи ниҳоят калон ба даҳҳо гектар мавҷуд аст, ки тамоми «отходы производства»— ро он ҷой даҳ солаҳо гӯр мекунанд ё ин ки мепартоянд. Номи ӯро дар корхона «черная гора» меноманд. Дар дохили ин партовгоҳ металлҳову дигар ашёҳои хом ниҳоят зиёде мавҷуд аст, ки баъд аз пош хурдани давлати шӯравӣ, садҳо соҳибкорону компанияҳои калон ба ТадАз низ муроҷиат карда буданд, ки шартномаи дуҷониба баста иҷозати дуюм маротиба коркарди ин партовгоҳҳоро бо шароити беҳтарини фоиданок барои завод пешниҳодҳо мекарданд, ки дар натиҷа садҳо миллион доллар ба завод фоида оварда мешуданд. Аммо бо баҳонаҳои ин заводи стратегӣ ва объекти режими ба ҳеч кас иҷозат намедоданд. Вале солҳои охир бо супориши Шералӣ Кабиров як бригадаи калон одамонро барои тоза кардани ин партовгоҳҳо ба кор ҷалб намуда, ҳазор тонна оҳанпора ва металлҳои ранга ва ҳазорҳо тонна кокс ва дигар ашёи хоми ба завод лозимаро ҷудо намуданд. Мо албатта офарин ва ташаккур менамудем, агар инҷо як «НО» намедошт.   Шералӣ Кабиров аз партовҳои зиёда аз 30-35 сол ҷамъшуда, ҳазорҳо тонна ашёи хоми аз он ҷой ҷудо кардаро аз номи фирмаҳои офшории худ аз сари нав ба завод «приход» дода, заводро ба садҳо миллион доллар қарздор ва баъдан пулҳояшро ба ҳисобҳои офшории худ гузаронида аст, ки агар ҳукумат хоҳиши ин факту рақамҳоро санҷиданӣ бошад ягон мушкилие нест. Дар ихтиёри мо чор сурат ҳисоби “пешвои иқтисодиёт” вуҷуд дорад, ки метавонем онро ба мақомот диҳем,то ин пулҳоро ба буҷаи давлат барои некуаҳволии мардум баргардонанд. Аммо медонем,ки ҳоло касе дар фикри некуаҳволии мардум ва давлат нест. Инчунин як пешниҳоди оддӣ , ҳуҷҷатҳои гумрукро мебардоред, маълум мешавад ки ин миқдор маҳсулот ба Тоҷикистон ворид нашудааст. Ҳазорҳо тонна оҳанпора аз ин партовҳо ҷамъкардаро бо ширкатҳои бародаронаш Азаматшову Одилшо ба корхонаи истеҳсоли арматураи чиниҳо супорида бар ивазаш садҳо тонна арматура гирифта ба соҳибкорони хонасоз фурӯхтаанд, ки то охирон харидорҳо ба мо маълум аст. Маблағҳои супоридаи онҳо низ баъзе маболиғи калонаш дар мо маҳфӯз аст. Бовар кунед,бе ягон муҳобот, дар ин партовгоҳҳо тахминан аз рӯи ҳисоби мутахассисони завод аз 500 то 700 миллион доллар оҳану металлҳои ранга ва коксу дигар ашёи хоми завод буданд. Як қисми калони қарзҳои завод дар назди Файзулло Саидов, намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Туркманистон аст ки бо Шералӣ Кабиров хешу табори дораду даҳсолаҳо бизнеси якҷояи кокс доранд. Ҳатман аз ҳисоби ҳамин партовгоҳҳо ташкил карда шудааст, ки ҳоло Талко гуё зиёда аз 60 миллион доллар қарздор бошад. Гуё ин маблағҳо аз они заводҳои Туркманистон бошанд. Ногуфта намонад, ки дар Туркманистон бидуни тендер ва пешпардохт ягон тонна маҳсулот бароварда намешавад, ин ҳама афсона аст, ки ба Файзулло Саидов ин қадар маҳсулотро бе пешпардохт заводҳои Туркманистон дода бошанд. Дар ҳақиқат Файзулло дар Туркманистон проблемаҳои маблағӣ дорад, лекин ба ин миқдор нест. Коксҳои аз партовгоҳи «Черная гора» бо як «азоб» ёфтаи Шералӣ Кабировро аз номи ширкати Файзулло приход дода заводро қарздор сохтаанду бояд байни худ ин маблағҳоро тақсим кунанд, дигар ягон гапи дигаре нест.

Боз як мисоли равшани схемаи пулкоркунӣ ва миёншикан намудани ширкати «Барқи Тоҷик» аз тарафи Шералӣ Кабиров. Бизнесҳои даромади муфти дутарафа дошта ба даҳҳо миллион доллар. Талко аз ширкатҳои наздикони Шералӣ Кабиров тамоми симу кабелҳои нолозим, трансформаторҳову насосҳои обкашӣ, моторҳои барқиву компрессорҳор бо нархҳои баланд қабул намуда, ҳамаи ин маҳсулоти нолозимаро маҷбуран бо нархҳои 3-4 ва ҳатто 5-10 маротиба баландтар ба ширкати “Барқи Тоҷик” барои ҳисоббаробаркунӣ бо Талко месупоранд. Ҳол он ки нархи истифодабарии барқ дар Талко, аз нархи барқи ба мардум фурӯхта мешуда якчанд маротиба арзонтар мебошад.  Аз рӯзе,ки ТадАз ба дасти Ҳасан ва Шералӣ гузаштааст, дар давоми қариб 16-17 сол ягон маротиба бо пули зинда маблағи барқ пардохт нашудааст. Дар 2-3 сол, ҳатман як қарори махсуси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди «списать» кардани қарзи истифодаи барқи Талко аз тарафи пешво қабул ва ба имзо мерасад. Бадии кор дар он аст ки ягон истеҳсолкунандаи ин маҳсулотҳо худашон ба Талко ё “Барқи Тоҷик” маҳсулоти худро бо нархи арзон ҳам супорида наметавонанд, ҳатман бояд ширкати ягон миёнараве аз Дарвоз ё аз Колхозобод бошад. Дар ҳақиқат тамоми лготҳо ба Шералӣ аз тарафи ҳукумат дода шудааст. Бовар дорем ба ҳар як соҳибкор агар ин тавр лготҳо дода мешуданд, онҳо хубтару беҳтар ва боинсофонатар кор мекарданд.

Зиёда аз 10-12 сол мешавад дар кучаи марказии Душанбе, як меҳмонхонаи сохтумонаш нотамоми «Кемпински» мушоҳида карда мешавад. Дар ёд хуб дорем, ки маҳз Шералӣ Кабиров бо супориши пешво, сохтумони ин меҳмонхонаи панҷ ситораро ба ӯҳда гирифта буд ва аз бюҷети давлат ба миқдори 130 миллион доллар маблағ ҷудо карда шуда буд. Ба маълумоти доштаи мо маблағ дар вақташ аз бюҷети давлат пардохт карда шуданд аммо бо чи сабабҳо сохтумони он даҳсолаҳо кашол меёбад?!  Боз зиёда аз 10 миллион барои дару тиреза ва шишаҳои ин сохтумон Шералӣ Кабиров ба кадом ширкати русиягии худ гузаронида асту дигар аз дару тиреза ва шишаҳои ин бино дараке нест. Умуман ягон корхонаву сохтумонҳои Шералӣ Кабиров то охир бо муваффақият дар давоми фаъолияташ ба охир нарасидааст. Ёин ки баъд аз ба истифода додани заводҳои сохтааш дер фаъолият накардаанд. Муаммо дар чи бошад?? Мо хуб медонем, дар саҳифаҳои дигар бо мисолҳо шарҳ медиҳем.

Сомон Эйр ё Оила Эйрро Шералишо чихел ғорат карда буд

Дар охир як- ду ҷумла дар бораи авиакомпанияи оилавии Сомон Эйр гуфтан мехоҳам. Асосан ташкилкунандаи ин проект Мирзо Мастонгулов ва Алишер Рустамов мебошанд. Ташкил намудани компания, харидани тайёраҳо ва кушодани рейсҳоро бо дигар давлатҳоро онҳо дуруст кардаанд. Мастонгулов, ки худ роҳбари авиакомпанияи Тоҷик Эйр буд ба ин компания ҳуқуқи роҳбарӣ кардан надошт, барои ҳамин аз рӯзи аввали ташкилёбии СомонЭйр, дар вазифаҳои гуногун Алишер Рустамов кор мекард. Ва тахминан7-8 сол директори ин компания ҳам буд. Вале аз рӯзи аввали ташкилёбии Сомон Эйр, Шералӣ Кабиров тамоми хешу табор ва бародарони худро ба кор дароварда намегузошт, ки Рустамов озодона қарори лозимиро нисбати пешравии компания қабул намояд. Баъд аз ба пулҳои аз халқ барои сохтумони ГЭС -и Роғун ҷамъ намуда, харидани ду тайёраи Боинг, парвозҳои ба самти Русия ва Қазоқистону Туркия шурӯъ намуданд. Шералӣ Кабиров фурӯши тамоми билетҳои парвозҳоро бо скидкаи 20% ба бародараш Азаматшо, ки ширкати «Феникс» маҳз барои ин кор кушода буд, ба ӯ дод. Ба як хешу табори дигараш, ширкати «Иншуренс» кушода суғуртаи билетҳоро ба ӯ дод, ки ба ҳар як билет бояд дар 20$ суғурта мусофирон ҳатман бихаранд. Якбор ҳисоб кунед миллионҳо билет дар давоми якчанд сол ва даромади софи бемеҳнати ин ду ҷавони «Худодод» ,ки ақаллан сад сомонӣ андоз насупорида, то як- ду сол пештар фаъолият мекарданд. Боз ба як язнаи худ, Шералӣ Кабиров тамоми таъмини хӯроки мусофиронро дод, ки ин ҳам яке аз бизнесҳои асосӣ дар ин соҳа мебошад. Баъд аз дар байни Ҳасану Таҳмина (Таҳмина Раҳмонова, раиси Оҷонси билетфурушӣ) ва Шералӣ ҷангҷолҳо нисбати тақсими «ноодилонаи» даромадҳо аз фурӯши билетҳо ва суғуртаҳо, Шералӣ маҷбур шуд ба Таҳмина ин ҷойҳоро супорад. Бо баъзе ахборот язнаи Шералӣ ва бародараш Азаматшо даҳҳо миллион сомонӣ пулҳои компанияро ҳамроҳи худ гирифта бурдаанд ва дигар бар гардониданӣ ният ҳам надоранд. Дар ин ҷо аз ҳама зулму ҷафокашида, яъне «пострадавший» Алишер Рустамов будааст, ки баьд аз нишон додани тамоми секретҳои бизнеси авиасионӣ то ҳоло якчанд сола маош ва бонусҳои дар контракт навиштаашро,наздик ба ҳафт миллион доллар нагирифтааст. Дар ҳақиқат мо ҳам баъд аз шунидани ин рақам ҳайрон гаштем, ки дар чанд вақт инқадар маош ва бонусҳо ҷамъ шуда бошад?! Бо маълумоти доштаи мо Рустамов Алишер ба Ҳасан Асадуллозода оиди ин масъала якчанд маротиба муроҷиат карда аст, Ҳасан ваъда дода аст, ки ба Шералӣ супориши ҳалли мусбии масъаларо дода аст, вале Шералӣ кушод гуфтааст, ки Ҳасан аз ҳисобу китоб хеле дур аст ва фаҳмиши ин корҳоро надорад, агар бисёр кӯмак кардан хоҳад, ба Алишер аз киссаи худ бидиҳад. Мо доимо дар мақолаҳои худ нисбати кормандон ва партнёрҳои худ рафторҳои ноҷавонмардона содир кардаи Шералӣ Кабировро гуфтаем, ин боз як мисоли дигар буд,ки гуфта шуд. Мунтазир бошед,ки гуфтаниҳо роҷеъ ба Шералӣ Кабиров, асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон хеле зиёд аст.

Поёни қисмати шашуми раддия ба “асосгузори иқтисодиёт” и кишвар.

Ps: Раддияҳои мо албатта чуноне дар барномаи “Минбари муҳоҷир” гуфта будам хело тулонӣ мешаванд. Дар дасти мо ҳудуди 145 сафҳа аз факту далелҳои ғоратҳои Шералӣ Кабиров ва командаи ӯ вуҷуд дорад,ки бояд онҳоро ба бахшҳои алоҳида тартиб диҳему тақдим намоем. Боз аҷибаш дар он аст, ки пас аз нашри ҳар мақолаву навор фактҳои наву тозае зам мегарданд, ки аз ончи дар дастамон дорем ҷолибтаранд. Аммо ҳама ончи дорем тақдим менамоем,то бештар бо ин “асосгузори иқтисодиёт” ошнотар гардед

Сообщение Ш.Кабиров ҳудуди 700 млн доллар металҳои рангаву оҳани партобгоҳи Алюмин заводро обу лой кард… появились сначала на ISLOH.net.

Шералӣ Кабиров чи гуна Талкоро оҳанпора кард?
РАДДИЯИ-5

Давоми посух  ба номаи зиёиёни тоҷик нисбати “Асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон”  Шералӣ Кабиров.

Инҷо, ин навбат дар бораи он мегуем, ки Шералӣ Кабир, менеҷери «муваффақ» чи гуна бузургтарин корхонаи саноъатии Тоҷикистон ва яке аз калонтарин корхонаи тавлиди алюминийи дунё-Талкоро аз рушду равнақ бозмонд ва сабабгори варшикаста ва муфлишавии он шуд.

Ҳолати имрӯзаи «Алюминий завод», ки даҳҳо ҳазор шаҳрванди кишвар дар он кор мекарданд, ҳазорон оила баҳраманд буд, шахри Регар -Турсунзодаро сарсабзу обод нигоҳ медошт, аз ҳисоби ин завод якчанд боғчаҳои кудакона, поликлиникаву беморхонаҳо, мактабу техникумҳо, студентҳо дар донишгоҳҳои хоричӣ маблағгузорӣ мешуданд, ҳазорҳо нафар кормандон ва собиқадорони меҳнат дар санаторияҳои Қаротоғу дигар ҷойҳо аз ҳисоби завод табобат мегирифтанд.

«Маҳз ҳамин олими ҷавони тоҷик бо номи Шералишо Кабиров тавонист ҳазорҳо нафар мардумро аз ин ҳама манбаи ризқу рӯзӣ маҳрум гардонад. Беҳтарин мутахассисон ва собиқадоронро бо супориши Шералӣ Кабиров аз кор бесабаб ронданд. Хеле аз онҳо ба компанияҳои Русали Русия ба кор даромаданд. Тайёр намудани як кадри баландихтисоси ин соҳа солҳоро дар бар мегирад, маблағҳои зиёд масраф мешавад. Лекин Шералӣ Кабиров, ки худ аз қади куча ба система бидуни ягон таҷриба дохил шудааст, ба қадри ин одамон намерасад. Заводи алюминий точик  соли 1975 сохта шуда, яке аз бузургтарин корхонаҳои Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт.»

Солҳое, ки Абдуқодир Эрматов ва Аваз Назаров заводро роҳбарӣ менамуданд, зиёда аз 12 ҳазор шаҳрванди кишвар дар зин авод ва зиёда аз 3000 одами дигар дар структураҳои ин заводи бузургтарини  кору фаъолият менамуданд. Истеҳсоли алюминий қариб ба мисли истеҳсолоти давраи шуравӣ расида буду ҳамаи кормандон бо маошҳои доимӣ, шаҳр бо газу барқ, мактабу идораҳои бюҷетӣ ба гармӣ таьмин буданд. Садҳо миллион доллар ба бюҷети Точикистон аз ҳисоби фурӯши алюминий ворид мегашт, аз хама асосаш, аз тарафи завод, пули барқу газ, об ва андоз пардохт карда мешуданд. Ягон маротиба аз супоридани андозҳо, аз супоридани пули барку газ ва маоши мардум, роҳбарияти алюминий завод саркашӣ наменамуданд.

«Баъд аз ғасб намудани завод аз тарафи Ҳасан Асадуллозода дар соли 2004 ва баъд аз роҳбарии Шералӣ Кабиров фаъолияти завод куллан тағйир ёфт. Мо ҳеҷ гоҳ ҷонибдори Аваз Назаров ё Абдуқодир Эрматов нестем, онҳо низ дар назари мардум якҷинояткор ва хиёнаткори дигаранд, ки дар айни ҳол осудаҳолона бо садҳо миллион доллар маблағҳои дуздидаи худ аз ин завод дар Англияву Узбекистон соҳиби қасрҳо ва бизнесҳо мебошанд.»

Вале мо ногузирем фаъолияти онҳо, чи қадар фоидаи овардаи онҳо ба халқу ватан, маблағҳои ба бюҷети Тоҷикистон супоридаи онҳо, дар кадом сатҳ нигоҳ доштани заводи бузургтарин, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот, муқовимат бо рақибони худ ва бозорёбии онҳоро бо кору фаъолияти зиёда аз 15 -солаи Шералӣ Кабиров ва Ҳасан Асадуллозода каме боинсофона дар асоси факту рақамҳо таҳлил ва муқоиса намоем. Мо албатта аз тақдири халқи тоҷик нисбати ин завод ва тақдири заводи алюминий бисёр нороҳат ҳам ҳастем. Як маротиба назар афканем ба 30 соли охири фаьолияти ин завод, ки кадом гурӯҳҳо талаву тороҷ намуда ба нестӣ оварда расониданд.

«Солҳои 1990-1994 роҳбарии ин корхонаи бузург дар дасти русҳо буд. Зери роҳбарии Михаил Фёдорович Синани фаъолият менамуд. Ӯдоимо таваҷҷуҳи зиёде ба супоришҳои аз Москва мегирифтаи худ зоҳир ва манфиати онҳоро ҳимоя мекард. Ба ҳар ҳол дар давраи роҳбарии ӯ истеҳсолот бо пуррагӣ кор мекард. То он вақте ки ба ӯ якчанд суиқасд аз тарафи яроқбадастон нашуд, ӯ Тоҷикистонро тарк накард ва то охири умр дар шаҳри Москва зиндагӣ намуда, соли 2021 дар синни 90 -солагӣ дар хонааш даст ба худкушӣ задааст.»

Баъд аз ба дасти Аваз Назаров ва Эрматов Абдуқодир гузаштани заводи алюминий, албатта ҳаҷми истеҳсолот ба поён нарафт, лекин маблағҳои калони корхона асосан ба қумондонҳои он давра Ибод Бойматов, Ғаффор Мирзоев, Маҳмуд Худойбердиев ва бизнесменҳои узбекистонӣ мерафтанд. То ҳатто як бонк бо номи Капитал-Банк кушода шуд, ки саҳмиядори асосии у Ботир Раҳимов бо тахаллуси «Ботир алюминий» буд, ҳол он ки дар ҷумҳурии Узбекистон заводи алюминий вуҷуд надорад. Ботир Раҳимов шарики бизнесии Аваз Назаров аз тарафи Салимбой Абдувалиев (криминалний авторитет) гузошта шуда буд ва даҳҳо миллион доллар моҳе ба ин бонк мерафт. Дар навбати худ, дар мавриди ин қадар ғоратгариҳои худ, боз каме боинсофона ба нигоҳубини шаҳри Регар ба кормандону нафақахурон, донишҷуёну мактаббачаҳо аҳамият медоданд, маблағҳо ҷудо менамуданд, то ин ки ин системаҳо аз байн наравад. Соҳибкороне, ки бо завод ҳамкорӣ менамуданд, масалан маҳсулоти хурокворӣ, сузишворӣ ва бо дигар чизҳои лозимӣ заводро таъмин менамуданд, ҳатман тез ё дер маблағҳои худро мегирифтанд, инвесторҳои хурду калон низ аз ҳамкориашон бо завод розӣ буданд, ин гапҳоро барои он гуфта истодааем, ки дар давраи роҳбарии Шералӣ Кабиров ба ҳалли майдатарин масъала соҳибкор ё инвестор бояд ба сари Шералӣ Кабиров нафар пайдо мекард, то ин ки ҳақи ҳалоли худро бигирад. То имрӯз ба ягон соҳибкор муяссар нашудааст, ки аз заводи алюминийи тоҷик бемиёнаравии аъзои оила, бе нафар пайдо намудан ба сари Шералӣ Кабиров кори худро ҳал намуда, фоидае дида бошад. Умуман Аваз Назаров ва Эрматов Абдуқодир мутахассиси ин корхона буданд, яке истеҳсолотро хуб мефаҳмид, дигаре фурӯшу таъминот ва пайдо намудани маблағҳои гардиши барои корхонаро, албатта мо муқобили маблағҳои калони корхонаро берун аз ҷумҳурӣ баровардан, муқобили фоидаҳои калони корхонаро гирифтани нафарони тамоман ба Тоҷикистон алоқамандӣ надошта ҳастем.

Асосгузори оҳанпора на иқтисодиёт

Биёед як назар афканем, давраи роҳбарии Шералӣ Кабировро дар ин корхонаи як давраҳо флагмани истеҳсолоти Тоҷикистон, корхонае, ки миллионҳо мардуми тоҷик бо як фахр мегуфт, ки мо ТадАЗ дорем. Ҳазорҳо донишҷуён ба практикаву ба ҳимояи дипломҳои худ ин корхонаро интихоб менамуданд. Вақте ки Шералӣ Кабиров бо Ҳасани РФ (раиси ферма) ин корхонаро ғасб намуда бо парвандаҳои бофтаву сохта Аваз Назаров ва Эрматовро (методи асосии ҳукумати имрӯза) аз Тоҷикистон ронданд ва то имрӯз ҳолати заводро ба кадом дараҷа расонидаанд, бо як ду мисол ба шумо фаҳмонида медиҳем. Вақте ки заводи алюминийро соҳиби намуданд, контрактҳои беҳтарин бо харидорони алюминий ва бо таъминкунандагони ашёи хом барои даҳсолаҳо баста шуда буданду мувофиқи он контрактҳо корҳо пеш мерафтанд. Шералӣ Кабиров ба Ҳасани даҳмарда, ки чи будани заводуистеҳсолотро намефаҳмид «маслиҳат» намуда тамоми контрактҳои пештараро яктарафа қатъ намуда, бар ивази онҳо бо Русали Русия шартнома баста ин компанияро ба Тоҷикистон оварданд, ки оқибати ҳамкориашон дар судҳои Лондону Швецария ба фоидаи Русал анҷом ёфтанд. Ҳамин ҷо қайд кардан ҳатмист, ки Шералӣ Кабиров зиёда аз 30 маротиба бо инвесторони хориҷӣ суду судбозиҳо намуда, садҳо миллион доллар пулҳои Тоҷикистонро ба парвандаҳо масраф намуда ақалан як судро набуридааст. Аз ҳама бурди калони Шералӣ Кабиров дар судҳои Лондону Швецария ин баъд аз пардохти масрафҳои калони судӣ, садҳо миллион фунт- стерлингу долларҳоро, ки метавонед дар маҷаллаҳову интернетҳо аниқ намоед. Баъд аз розӣ шудан ба пардохти пурраи даъвои тарафи муқобил, бо онҳо «мировой» карда аризаҳои худро қафо гирифтаанд ва пардохт карданд, ана ҳамин ҳолатҳоро Шералӣ Кабиров ғалаба ҳисоб мекунад, ки дар поён равшантар баён менамоем. Барои иштирок намудан дар судҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама босаводона шартномаву контрактҳоро бастан лозим аст.

Дуввум ин ки як саводи кофии юридикӣ ё ин ки як маслиҳатчии хуби ҳуқуқшинос дар вақти пешбурди парванда доштан лозим аст.

Сеюм иштирок ба судҳои байналмилалӣ, ин маънои онро надорад, ки хоб кардан дар меҳмонхонаҳои ҳафтситораву хурок хурдан дар ресторанҳои ситораи Мишлен дошта бошад. Асосаш, агар заррае гуноҳи худро ҳис намоед, то ба суд рафтан масъаларо ҳал намудан аст, на он ки дидаву дониста даҳҳо миллион долларро ба просессҳои судӣ масраф кардан аст. Шералӣ Кабиров фикр мекунад, ки дар он ҷо ҳам раиси суд Абдуллоев Нусратулло ё Ғоибназаров Амирхуҷа мебошаду акаи Ҳасани РФ занг мезанад. Албатта ҳилаву найранги Шераливу Ҳасанро тамоми инвесторони хориҷӣ барвақт дарак доранд, ки онҳо ҳатман дар Тоҷикистон нисбати компанияҳои онҳо баъд аз вақти муайян, аз тарафи Кумитаи андоз ва Прокуратураи генералӣ парванда бо тезӣ ташкил мекунанд, ки гуё садҳо миллион доллар андоз насупоридаанд ва ҳамин тавр онҳоро мачбур мекунанд, ки саҳмияҳои худро супорида баромада раванд. Ба якчанд компанияҳои мобилӣ ва дигарон ин методҳояшон гузаштааст, лекин аз баъзеи онҳо ба дандонҳои худ бо калуш шатта хурданд, ки ҳатман онҳоро низ нақл мекунем. Вакте ки бо Русали Русия ҳамкориро шуруь намуданд, ҳамаи ҳолатҳоро Русал зери назорати мутахассисони компанияи худ гирифта, ҳаҷми истеҳсолоти алюминиро аз 510 хазор тонна боло бурданд, ки ин иқтидори 100%-завод мебошад. Фурӯши маҳсулоти тайёр ва таъминоти ашёи хом ҳам дигар бемушкилӣ ҳалли худро ёфтанд. Мардум низ соҳиби кори доимӣ ва маошҳо шуданд, аммо ин ҳолат ҳам дер давом накард. Тахминан баъд аз ду соли ҳамкорӣ бо Русал ва менеҷерони онҳо, Шералӣ Кабиров фаҳмид, ки ба маблағҳои калони завод даст зада намешавад ва бе фаҳмонида додани масрафҳо, компанияи Русал иҷозати чапу рост задани пулҳоро намедиҳанд. Чи бояд кард? Новобаста аз он ки шартномаҳои ҳамкорӣ бо Талко ва Русал байни ду президентҳои давлат имзо шудаасту онҳо ваколатдори ин шартнома ҳастанд. Соли 2007 президент Раҳмонов яктарафа бо имзои худ ҳамкориро қатъ намуд. Дар инҷо роли асосии бекор намудани ҳамкориҳоро маҳз Шералӣ бо Ҳасан бозиданд. Нигоҳ кунед, ки то чи андоза ин нафарон ба пешво таъсир мерасонанд. Ҳол он ки яке аз мушовирони президент муқобили яктарафа қатъ намудани шартнома буд ва мефаҳмид, ки ояндаи завод дар ҳолати муфлисшавӣ мебошад. Лекин ӯро Шералӣ ба тези агенти РусАл эълон намуда, дар наздиктарин муҳлат пурра аз аппарати президент аз кор ронданд. Албатта,мо аз ҳисоботи “WikiLeaks” — як созмони байналмилалии ғайритиҷоратӣ фаҳмидем, ки пулҳои асосии ин корхона ба суратҳисоби оилаи Раҳмонов ба бонкҳои хориҷӣ мерафтааст ва он ҷо Раҳмонов ҳамчун президенти коррупсионер муаррифӣ шудааст. Дар интернет бо пуррагӣ ин мавзуъро метавонед хонед. Масалан:дар соли 2008 сафири фавқулодаи ИМА дар Тоҷикистон Трейси Ҷейкобсон дар нотаҳои баъдан нашркардаи “Wikileaks” изҳори нигаронӣ ва иддаъо карда буд, ки Раҳмонов ТАЛКО-ро “ба унвони як василаи даромад барои худ, аъзои хонавода ва атрофиёнаш идора мекунад”.

Даромад аз ТАЛКО ба рушди кишвар умуман намеравад; аксарият ба ташаббусу лоиҳаҳои берун аз бюҷет, аз қабили сохтмони бустонсароҳо ва қабули дабдабаноки меҳмонҳои худиву давлатӣ мераванд. Аҳолии Тоҷикистон воқеан ба ТАЛКО, ки бе хизматрасонии тиббӣ, маориф ва нерӯи барқи кофӣ мавҷуд аст, субсидия медиҳад ва қисми зиёди барки ГЭС-и Норак ба ТАЛКО истифода бурда мешавад. Ба гуфтаи Трейси Ҷейкобсон, ки ТАЛКО «гови ҷушо»-и Раҳмонов номидааст, пас аз ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон садҳо миллион доллар аз муҳосиботи ин корхона «нопадид» ва ба суратҳисобҳои оилаи Раҳмонов рафта аст. Умуман Шералӣ Кабиров тавонистааст дар миқёси ҷаҳонӣ бо додани пора ва ба ҳисобҳои шахсии оилаи Раҳмонов гузаронидани садҳо миллион маблағҳои Талко, пешворо бадном ва коррупсионери машҳур сохтааст. Ҳол он ки имрӯзҳо Раҳмонов бо аҳлу оилааш даҳҳо миллиард долларро соҳиб шудаасту мисли маблағҳои Талко бадному машҳур нашуда аст. Шералӣ Кабиров бо тамоми инвесторони хориҷие, ки нафақат ба заводи алюминий сармоягузорӣ намудаанд, балки бо дигар соҳаҳо сармоягузорӣ намуданд ҳисобу китоби нодуруст, кашокашҳо, дорад. Ягон инвестори хориҷӣ бо хамкорӣ ба ширкати Талко розӣ ва қаноатманд то имрӯз нагаштааст. Ширкати Талко ягон пункти қарордодҳои имзошудаи худро дар назди ҳамкорони худ, новобаста аз куҷо будани сармоягузорон иҷро намекунад.

«Садҳо мисолхо дорем вале  инҷо бо ду- се мисол иктифо мекунем. Аз компанияи логистикии Рase — и порти Потии Грузия, солҳои зиёд 20 миллион доллар қарздор мебошад, ки роҳбари он Ираклий ҳар ду -се моҳ ба Тоҷикистон ташриф меораду бо тамоми иду ҷашнҳои Тоҷикистон шинос гаштааст. Тамоми даву тозаш то имрӯз бе натиҷа монда аст. Компанияи “TRANSGROUP SYSTEMS OU” Узбекистон, ки зиёда аз 20 сол бо заводи алюминий тоҷик ҳамкорӣ менамояд. Дар давоми кории Шералӣ Кабиров қарзи Талко ба 13 миллион доллар расидааст. Онҳо низ ягон чорае надоранд, худатон фикр кунед, ки аз болои Шералӣ Кабиров ва Ҳасани РФ ба куҷо ё ин ки ба кӣ арзу шикоят карда мешавад, ҷуз аз худо!  «

Яке аз қарзҳои калони ширкати Талко дар назди ширкати «Самент менеджмент»— и Туркманистон, ки роҳбари он шаҳрванди Тоҷикистон, намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Туркманистон Файзулло Саидов, ки ӯ низ зодаи ноҳияи Дарвоз ва хешу табори худи Шералӣ Кабиров аст ки миқдори зиёди кокс-ашёи хом барои алюминийро солҳои дароз ворид намуда истода буд. Имрӯзҳо Талко дар назди ин компанияи Туркманистони зиёда аз 50 миллион доллар қарздор мебошад. Бадии кор дар он аст ки Файзулло Саидов  4-5соли охир тамоман дигар ба Туркманистон рафта вазифаашро иҷро карда наметавонад. Барои он ки ин маблағҳо бояд ба заводҳои Туркманистон баргардонида шавад, дар акси ҳол парвандаи ҷиноятӣ ба ҳамаи роҳбарони завод ва ба Файзулло  Саидов низ интизор мебошад. Шералӣ Кабиров маблағҳоро фақат ба хотири муносибати хуб пайдо намудани Файзулло Саидов ва бародараш Нуралӣ бо Ҳасани РФ рашк намуда, дар назди Ҳасан Файзуллову бародарашро мисли ангишт сиёҳ кардааст ва бо ҳар баҳона маблағҳоро намедиҳад ва доданӣ ҳам нест.

Як ширкати қазоқистоние, ки роҳбараш шаҳрванди Узбекистон бо номи Рустам Отамуродов, солҳои дароз бо ТЭС-ҳои Тоҷикистон бо шартномаҳои байни Талко бастаи худ ба суханҳои Шералӣ Кабиров бовар намуда бо мазут, рангҳои молиданӣ ва бисёр маводҳои ёрирасон таъмин менамуд, дар охир аз 6,5 миллион доллари худ маҳрум гашта, ҳоло бошад нисбаташ органҳои қудратии Қазоқистон бо якчанд моддаҳои пулшуӣ парванда оғоз намуда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Рустам -ака дар тамоми маъракаҳои Шералӣ Кабиров ва Талко иштирок менамуд ва Шералӣ ӯро «мой брат» муаррифӣ менамуд. Ҳоло бошад мегуяд, ки худи Рустам- ака гунаҳгор аст. Мисолҳо хеле зиёданд, дар навиштаҳои оянда ҳатман тазаккур хоҳем кард.

ҶДММ»ИИ Нассоҷии Тоҷик» вазъаш аз «Алюминий завод» бадтар аст

Вақте ки аз Шералӣ Кабиров инвесторон маблағҳояшонро пурсон мешаванд, ҳатман гапро суи дигар бурда як анекдот мегуяду Худо ҳофизӣ мекунад, офарин!! Шералӣ Кабиров оиди баъзе проблемаҳои завод ёдовар шуда, мегуяд, ки ҳама роҳбар камбудиҳо дорад, лекин ман созанда ва ободкор ҳастам ва доимо мисол меорад директори Текстилкомбинати Душанбе, Қурбонов Анвар Бозорович бо кличкаи «пирожки»-ро. Дар корхонаи калонтарини саноати сабуки Тоҷикистон дар солҳои то 1990-1992 зиёда аз 15 ҳазор шаҳрвандон кор мекарданд, ба 15-20 давлати Аврупо ва Осиё маҳсулотҳояш экспорт мешуданд. Маҳсулоти комбинати матоъҳои пахтагини Душанбе хушсифат буд. Якчанд сол пештар аз ғасб кардани ин комбинат аз тарафи Анвари пирожки, дар як конкурси умумиҷаҳонӣ ҷоизаи бонуфузи Кумитаи байналмилалии сифат «Ситораи тилло»— ро соли 1988 дар Мадрид гирифта буд. Дар комбинат зиёда аз 20 обшежития ва ҳафт боғчаи бачагона буд. Даҳҳо фирменний мағозаҳо дошт, дар поликлиника рӯзе 500 -600 нафар қабул карда мешуданду зиёда аз 200 ҷойи хоб дошт, калонтарин зона отдих дар ноҳияи Варзоб ва даҳҳо филиалҳо дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ дошт, канӣ ва куҷо шуданд ҳамаи ин молу амвол? То охирон объектҳоро танҳо худи Анвари пирожки фурӯхта гирифт. Зиёда аз даҳ сол фақат маҳсулоти тайёри дар амборҳо боқимондаро фурӯхта маблағҳояшро ба киссаи худ зад. Боз даҳ соли дигар пахтаи колхозу савхозҳоро бо зуриву истифода аз хешутаборӣ бо акаи пешво аз ноҳияҳо гирифта коркард намуд ва ба ягонтои он хоҷагиҳо маблағҳои пахтаашонро надод. Даҳ соли дигар фақат иншооту таҷҳизоти корхонаро фурӯхта ба киссаи худ зад. Ҳоло бошад комбинати калонтарини шаҳри Душанбе дар маркази шаҳр бекор хобидааст. Имрӯзҳо ҳақиқатан 100 нафар ҳам коргар надорад. Лекин дар ҳисобот дуруғ пешниҳод мекунад. Ҳайфи ин корхонаи бузург. Шералӣ Кабиров мегуяд, ки якчанд маротиба дар назди Пешво ва Рустами Эмомалӣ масъалаи ин корхонаро боло бардоштам. Фаҳмонидам, ки инвесторони чиниву эронӣ ҳастанд, корхонаро ба онҳо диҳем. Аммо чизе намегӯянд, ба фикрам ақлашон намегирад ва ё чӣ муомилаи дигаре инҷо ҳаст,ки ман натавонистам фаҳмам онро.

Маблағгузорӣ ва ҷойҳои нави корӣ ба ҳазорҳо нафар мешавад. Шералӣ Кабиров бо баҳонаи он ки як бесаводи Анвари пирожки- Қорӣ- ишкамбаи майзада, ки худ ақалан маълумоти мактаби миёнаро надорад, аз номи акаи Пешво на фақат як корхонаи азими кишварро нест намуд, балки садҳо хоҷагиҳои пахтакорро бо ширкатҳои фючеристӣ фиреб намуда, пахтаҳояшонро барои коркард қабул намуда маблағҳои ягон нафари онҳоро надодааст. Вақти лозимӣ руйхати онҳо, ки дар дасти мо ҳаст, пешкаш менамоем. Бозори матоъҳои пахтагинро, ки харидорони асосии маҳсулоти комбинати Русия буд, пурра аз даст дод. Барои он ки харидорони хориҷиро ҳам ба фаҳмиши қишлоқонаи худ «кидат» намуда, ақалан қабул наменамуд. Ҳамин тавр харидорони солҳои дароз ҷамъкардаи Текстилкомбинатро аз даст дод, аммо озодона фаъолият мекунаду мо одамони ободкору созанда доимо зери танқиду танбеҳ ҳастем. Мегуяд як «ҷабрдидаи» дигар Шералӣ Кабиров. Албатта Шералӣ Кабиров мехоҳад боз ягон сармоягузори хориҷиро ба Текстилкомбинати Анвари пирожки ҷалб намуда киссаи худро пур созад.Чи хеле мегуянд: “Буз дар ғами ҷон, қассоб дар ғами чарбу!” Ҳолати имрӯзаи ин корхонаи бузургро мушоҳида намуда, дар ҳақиқат дили мардуми ватандӯст месӯзад. Лекин сад афсус, ки 30 сол мешавад Анвари самбуса ғорат мекунаду боз ин корхонаи бобаракат тамомшавӣ надорад. Дар саҳифаҳои дигар оиди ин корхона ҳатман мухтасар бо таҳлилҳои дақиқи мутахассисон ва даҳҳо миллион дуздиҳои Анвари пирожки қайд менамоем.Чаро инро дар ин бахш илова намудем охир Шералӣ Кабиров вазири Саноати кишвар аст ва ин яке аз бахшҳои муҳимми кории ӯ мебошад.

Идомаи оҳанпорашавии «Алюминий завод»

Бармегардем боз ба ҳолати заводи алюминийи тоҷик, ки пеш аз вазири саноат таъин шудани Шералӣ Кабиров завод дар бадтарин ҳолати молиявӣ ва техникӣ қарор дошт ва то ҳоло боз бадтар шудааст, чунки роҳбари асоси то ҳозир худи Шералӣ Кабиров мебошад. Асоси заводи алюминый аз электролиз, яъне дегҳои алюминпази иборат мебошад, ки дар завод ин электролизҳо ҳамагӣ 1500 дона буданд ва кор мекарданд. Ҳоло бошад ҳамагӣ 100 дона аз ин дегҳо кор мекунаду халос, ки ҳаҷми истеҳсолот тахминан ба 25-30 ҳазор тонна алюминий дар як сол расидааст, ки 5-6% аз қувваи асосии заводро ташкил менамояду халос. Барои дегҳои дигарро ба кор даровардан,аввал онҳоро таъмир кардан лозим, ки таъмири ҳар як деги алюминипазӣ на кам аз 600-700 ҳазор долларро дар бар мегирад. Яъне барои ҳамаи дегҳоро таъмир намуда ба кор сар додан, на кам аз як миллиард доллар маблағ лозим аст, ки ҳамаи ин дегҳо дар натиҷаи вайрон намудани режими корӣ дар завод аз кор   мондаанд. Ҳайрон мемонем, ки дар ин тавр корхонаи азим, бояд 10-15 ё ин ки зиёдтар нафарон аз кумитаи амният кор кунанд, роҳбарияти худро тез -тез хабардор намоянд, ин корхонаи режимӣ аст ва иҷозати ба кор қабул намудани кадрҳо, даромаду баромади нафарони иҷозат надоштаро ҳатман яке аз ҷонишинони директори генералии завод оид ба режим,ки аз ҳисоби собиқ кормандони амният мебошад, дода мешавад. Ҳақиқатро бубинед, ки агар як соҳибкори бечора мабодо 10-15 ҳазор сомонӣ андозро дар вақташ насупорад, ба сари ӯ ҳамаи балоҳои заминиву осмонӣ меояд, баъд аз он дар кашокаши кумитаи андозу кумитаи амнияту коррупсияву прокуратура мезанад. Лекин дар ин завод сухан аз камбудиҳои миллиард доллар меравад. Аммо як нафар савол намекунад. Ягон комиссия аз тарафи ҳукумат ташкил карда бо пуррагӣ дида намешавад, аз ин рафторҳо ба хулоса омадан мумкин аст, ки на фақат Шералӣ Кабиров , балки роҳбарияти Тоҷикистон ҳама мехостааст ҳамин корхона пурра баста шавад. Шералӣ Кабиров шпиони кадом давлат бошад, ки як заводи беҳтарин, калонтарин, номдортарин, корхонае, ки фахри Тоҷикистон аст, ба ин ҳолат расониду бар ивази он ки ба ҷавобгарии ҷинояти кашида, миллиардҳои зарари овардаашро аз суратҳисобҳои оффшории худ барқарор намояд, ӯро вазири саноат ва аъзои ҳукумат таъин намуданд. Бо тамоми факту рақамҳо гуфта метавонем, ки имрӯзҳо заводи алюминий зиёда аз як миллиард доллар дар назди инвесторони хориҷиву дохилӣ қарздор мебошаду боз барои таъмини пурраи ин корхона тахминан як миллиард доллар маблағ лозим аст. Ягон нафар дар гирди пешво пайдо намешавад, ки ба ин савол аз Шералӣ Кабиров ҷавоб бигирад.

«Сарвазиру муовинони ӯ ҳама аз Шералӣ Кабиров сахт муттаҳам мебошанд, дар наздаш мисли мактаббачаҳои синфи якум рост истода бо як овоз фақат «рост мегуен Шералӣ Олимович» мегуянду халос. Ба наздикӣ ташрифи сарвазир Қоҳири Расулзодаро дар ноҳияи Дарвоз ҳамроҳи Шералӣ дар телевизион нигоҳ карда дар назди оилаи худ ва аз сохтори ҳукумат шарм кардам. Сарвазир мисли як коргари Шералӣ Кабиров дастҳо дар пеш, аз паси ӯ давида истодааст. Қоҳир Расулзода беҳтар аст ягон ноҳия рафта раисӣ кунад хубтар аст, назар ба ин тавр ваколат доштани сарвазир.»

Тоҷикистон бозори фурӯши алюминийро тамоман аз даст дод. Ҳоло бошад алюминий дар бозорҳои ҷаҳонӣ то 3500-3600 доллар тоннааш шудааст, ки бо «методҳо»-и кории Шералӣ Кабиров қимати аслии як тонна алюминиро имрӯзҳо то 1200-1300$ истеҳсол кардан мумкин аст. Барои чи ин қадар арзон? Барои он ки аз рӯзи аввали кории Шералӣ Кабиров дар заводи алюминий тоҷик, ягон маротиба бо пуррагӣ андоз, маблағи барқ, музди мехнати коргарон ва маблағи гази аз Узбекистон ворид мешуда пардохт карда нашудааст. Даҳ солаҳо аз сармоягузорон қарздор. Ҳар 2-3 сол як маротиба бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, бо имзои раиси ҳукумат Раҳмонов, тамоми қарзҳои барқу андози ин завод «списат» карда мешавад. Ҳол он ки зиёде аз барқи ГЭС-и Норакро маҳз ҳамин завод бо нарои арзонтарин истифода мебарад. То ба дасти Ҳасану Шералӣ гузаштани завод, мунтазам ва сари вақт, пардохтҳои барқу андоз, маоши коргарону маблағҳои сармоягузорон аз тарафи роҳбарони пештараи завод пардохт мешуданд. Шумо метавонед аз архиви биржа, тендерҳои фурӯши оҳанпораро бардошта як назар кунед. Дар 10-12 соли охир заводи алюминийи тоҷик миллионҳо тонна оҳанпора бо нархҳои арзонтарин ба фурӯш бароварда аст, ки харидораш ҳам ширкатҳои худи Шералӣ Кабиров ва бародаронаш мебошанд. Тамоми таҷҳизоти заводи соли 1975 сохта шуда ва ҳар сол таъмин мешударо маҳз бо супориши Шералӣ Кабиров бурида ба оҳанпора супориданд, ки ҳамагӣ як маротиба аз нафарони ба Шералӣ «бегона», домоди пешво Зоир Соҳибов ба маблағи 30 миллион доллар бо супориши бевоситаи пешво гуё ба ивази қарзҳояш аз ин завод оҳанпора гирифта аст. Ин сифрҳоро мешунавем ҳайрон мемонем, ки Бобои Шариф (падари Зоир) кай ин заводро 30 миллион доллар қарздор карда аст, ки писари ӯ меросашро гирифтааст. Шералӣ Кабиров давоми даҳсолахо аз ин завод факат оҳанпора мефурӯшад. Ҳайрон мемонем, ки бар ивази истеҳсолотро боло бурда, маҳсулоти тайёрро фурӯхтан, роҳи осони пулкоркуниро пеш гирифтааст, ки ин нест кардани моликияти миллат аст. Ҳасан Асадуллоев ва Шералӣ Кабиров дар вилояти Суғд бо дасти гурсухта Вадудов Мадиёр ва Ҳусейн Идиеви одамфурӯш низ садҳо корхонаҳоро бурида ба оҳанпора ва заминҳояшро ба мардум ҳамчун ҳавлиҷой то ҳозир фурӯхта истодаанд. Албатта ба ҳамаи ин рафторҳояшон, хиёнаткориҳояшон рӯзе ҷавоб мегуянд. Пешво бошад аз ду- се журналисти бечораву камбағал ва ҷавонҳои помирӣ, хиёнаткор сохта ба 20-30 сол зиндонӣ карда истодааст. Хиёнаткороне, ки миллиардҳо доллар зарар ба мардум ва ба сари Тоҷикистони қашшоқ оварда истодаанд, ҳазорҳо корхонаҳоро ғасб намуда ба нестӣ бурда истодаанд. Садҳо нафар духтарони ноболиғро маҷбурӣ таҷовуз доранд, пешво ва мақомоти қудратиаш гуё намебинад. Албатта мебинад, аммо онҳо худӣ мебошанд!

» Оиди директори имрӯзаи Талко Ҷабборов Суҳроб, ки бе иҷозати Шералӣ Кабиров туалет намеравад ё бо хонуми худ «гап» намезанад, хеле гуфтаниҳо дорем, ӯ низ аз рӯзи аввал ҳамроҳи Шералӣ дар тамоми ҷиноятҳо дар заводи алюминий ҳамроҳ мебошад. Маҳз ба воситаи Суҳроб Ҷабборов зиёда аз 30 миллион сармоягузории Шералӣ Кабиров дар шаҳри Самарқанди Узбекистон, ки ватани аслии Суҳроб Ҷабборов мебошад, нақл менамоем. Солҳои охир доимо як почаи Суҳроб аз марзи Тоҷикистон берун аст ки дар вақтҳои наздик мумкин аст доимӣ ба ватани аслиаш баргардад. Ана барои ҳамин аз такдири заводи алюминий, халқи бечораи тоҷик на он қадар розӣ аст, ки тамоми фоидаи ба даст омадааш берун аз ҷумҳурӣ масраф мешавад, новобаста аз онки кӣ роҳбар аст, хеле ва хеле аламовар!»

Нисбати заводҳои ба садҳо миллион доллар аз ҳисоби Гарантияи Ҳукумати Тоҷикистон сохтаи Шералӣ Кабиров дар ноҳияи Ёвон, ки ин қарзҳоро ҳатман халқи камбағали тоҷик дар оянда пардохт мекунад  ва нархи маҳсулоти истеҳсол мекардаашон якчанд маротиба аз бозорҳои ҷаҳонӣ гаронтар, ки мақсад аз сохтани ин заводҳо фақат шустани пулҳо мебошаду халос. Дар судҳои Англияву Швецария маблағҳои бохтаи ширкати Талко ва бо кадом шартҳои тамоман ба Тоҷикистон зараровар харидани амволи Русал, дар бахшҳои дигар ҳатман муфассалтар мегуем. Шералӣ Кабиров ҳамчун соҳибкор, олими ҷавон, вазири саноат,як каллоб (аферист) мебошад, ки мо тамоми фаъолияти ӯро бо таҳлилҳои чуқур,бо далелҳои раднашаванда исбот ва пешкаш менамоем. Як мисоли оддитарин, ин ба нестӣ расонидани заводи алюминий дар Тоҷикистон аст ки дигар ин мамлакатро дар ҷаҳон ҳамчун алюминовий гигант намешиносанд. Барои гирифтани вазифаи вазири саноат,тамоми аъзои оилаи пешворо миёнарав намуда аз заводи Талко бо як зораву нола гурехт. Ҳатто Ҳасани соддаи даҳмарда, барои Шералӣ бо як қисми хешу табори худ ҷангҷол намуда ба ӯ ин вазифаро гирифта дод. Шералӣ Кабиров баъд аз як моҳи вазириаш бо пуррагӣ аз Ҳасан руй гардонида, тамоми айбҳоро оиди ба ҳамин ҳолат расидани Талко ба сари ӯ задааст. Ва нисбати Ҳасани РФ компромати 20-25 соларо дар руи столи пешво гузоштааст. Ҳоло бошад «меҳмонҳоро» (ҷодугаронро) аз Кашмири Ҳиндустон оварда дар хонаи худ солҳо нигоҳубин карда истодааст, то ин ки ӯро доимо дар назди пешво ва оилааш гарм ва дӯст нишон диҳанд ва боз ШералӣКабиров  таъриф ҳам мекунад, ки «меҳмонҳо» хона ва кабинетҳои пешвову оилаашро ҳам аз сеҳру ҷоду тоза намуданд. Яъне маьлум мешавад, ки пешво низ аз ин «меҳмонҳои олиқадри кашмирӣ» бохабар ва истифода менамояд. Албатта, тавба мегуем ва намефаҳмем то ба кай ин корҳо давом мекарда бошад. Дар мамлакатхои сатҳи зиндагиашон паст, ришвахури зиёд, мамлакатҳои диктатури ва оилавӣ қонунҳо риоя намешуда махсусан давлатҳои мусулмоннишин, ҷодуву ҷодугарӣ, фолбину муллобозӣ  ва гуё «авлиёҳои» ояндаро мегуфта, ҳатман бизнесҳояшон равнақ меёбад. Асосан муштариҳояшон нафарони мақомдор, вазирону раисон, махсусан зану духтарони онхо мебошанд, ки дар Точикистон 25-30 соли охир хеле дар авч мебошад. Имрӯзхо тамоми хешу табори оила, вазирону раисон, ва дигар мақомдорон ба худ як мулло ё фолбини «мушкилкушо» доранд, ин бе шак мебошад! Аз мо фақат гуфтан аст, ки ҳар касе назди фолбину ҷодугар меравад, ҳолаш табоҳу рӯяш сиёҳ ва бо тасдиқи сухани онҳо чиҳил рӯз рӯзаву намозаш қабул намегардад.

Маълумотҳои дақиқ дорем, ки маҳз Шералӣ Кабиров бо супориши Ҳасани РФ 2-3 сол пештар, вақте ки пешво ва фарзандонаш ӯро чап гирифтанд, аз мамлакатҳои дур бо тайёраи Сомон-Эйр ду нафар ҷодугарони машҳури дунёро барои 2-3 рӯз оварда буданд, ки пас аз анҷоми «вазифаҳояшон» ва «гарм намудани чеҳраи хукмонанди Ҳасани РФ» боз то мамлакатҳояшон бурда расониданд. Ҳамон вақт наздикони Ҳасан ва Шералӣ гуфтанд, ки зиёда аз якчанд миллион доллар «гонорар» ба мехмонхои хоричи масраф шудааст. Мо аз таърихи қадим хондаему шунидаем, ки ин ҷодуву ҷодугариҳо доимо дар оилаҳои шоҳону вазирон як роли асосиро иҷро менамуданд. Барои ҳамин, ин гапу корҳо ба мо на он қадар ғайричашмдошт ҳастанд. Оқибати ин корҳо ҳама вой аст!!!

Аҳмади Колбаса крышагии вазирро ба қудо иваз кард

Сухан, ки дар бораи ҷодугариву фолбинӣ рафт, мо албатта, шогирди беҳтарини Шералӣ Кабиров, Аҳмади колбасаро қайд накарда, мақоларо ба итмом намерасонем. Чун,ки зиёиён ӯро шогирди Шералӣ Кабиров гуфта буданд, ногузирем бигӯем. Аҳмади колбаса баъд аз фош ва овоза шудани як қисми майдатарини хиёнатҳояш, сахт руҳафтода шудааст. Боз аз ҳама зарбаи сахт вақте ки ду -се маротиба ба дарвозаи ВКД рафта, қабули вазир Рамазон Раҳимзодаро пурсидааст, аз он тараф дағалона ҷавоб додаанд, ки вазир фармон доданд, ки » он машенники колбасаро дигар дар назди вазорат ва утоқҳои кории кормандон набинам».. Аз яктараф вазир ҳам ноадолатона рафтор кардааст, даҳҳо сол ба гуфтаи Аҳмади колбаса аз дарвозаи ВКД худаш «Аҳмадчон» гуфта пешвоз мегирифт. Имрӯз бошад барои як мақола ва навори «Ислоҳ» ин қадар худашро эҳтиёт намуда, хубиҳоро тез фаромӯш мекунад.

«Аҳмади колбаса дар як круги дӯстонаш пас аз ин амали вазир гуфтааст,ки “Ислоҳ” ҳамин Рамазонро Ҷек Чан гуфта буд, точно гуфтагишаи, ма ҳақиқата қабул дорм.»

Айнан ҳамин муносибати вазирро бо Аҳмади колбаса Муроди телех низ такрор шудааст.

Ба гуфтаи Аҳмади колбаса, Муроди телех ҳар рӯзи якшанбе ба офиси колбаса омада ош мехурд. Баъд аз мақола дигар ба телефонаш ҷавоб намедиҳад. Солҳои 1998-1999 Аҳмади колбаса бо кумаки Муроди телех аз Бонки Миллӣ қариб 20 миллион доллар барои воридоти орду равған ба Тоҷикистон қарзи имтиёзнок гирифта то ҳоло на орду равған ва на маблағи қарзи бонкро баргардонида аст. Як даврае колбасаро органҳои қудратӣ сахт кашокаш карданд. Аҳмад гурехта ба Москов рафтааст,то вақте ки Мурод бо пешво гапзанон намуда корҳоро ҳал намуд. Аҳмади колбаса бошад, афсонаи дар Ангурбоғи Восеъ як маротиба ба Мурод оши пухтаашро то ҳоло нақл карда мегардад, магар фаромӯши 20 миллион доллар кардааст?! Аҷаб замона шудааст! Ҳоло бошад Аҳмади колбаса низ аз хонаи ин мулло ба он мулло, аз назди ин ҷодугар ба он ҷодугар саргардон мебошад, то ин ки вазиру Муродро ба худ гарм намояд. Мумкин шумо бовар накунед, лекин дар Тоҷикистон ин корҳо 30 сол боз дар авҷ мебошад. Ин қадар маълумоти дақиқ дорем,ки аз навиштани ӯ ва аз гирифтани гуноҳи онхо метарсем. Аҳмади колбаса зиёда аз 30-35 сол бо яке аз собиқадори вазорати корҳои дохилӣ генерал Пирӣ Ҳусейн дӯст, бародар ва дар вақтҳои зарури пуштибони колбаса буд. Ба ҳама маьлум аст ки маблағҳои Пирӣ Ҳусейнро Аҳмади колбаса гардиш медод дар хариду фурӯши шакару равған, гандуму орд.

«Ҳар вақте ки бо ягон вазирони ВКД Аҳмади колбаса муносибати хуб пайдо намояд, ҳатман ба Пирӣ Ҳусейн на онқадар аҳамият медод ва маблағҳои бизнесии байнашон ҳам гуё ҳамон замон «фоида» намеовард. Бечора Пирӣ Ҳусейн ҳам вазъиятро мефаҳмид, ки агар Аҳмади колбаса сирру асрорамон ва миқдори маблағҳои маро ба вазир гап занад, хуб намешавад, хусусан Мамадназар Салехов мефаҳмид ҳамаро аз Пири Хусейн бо ваьдаи чонишини вазир мемонам, мегирифт.»

Ахмади колбаса на факат Пирӣ Ҳусейнро, балки зиёде аз генералу полковникҳои каме пештараро бо ҳамин методҳо маблағҳои ҷамъкардаашонро бо баҳонаи бизнес гирифта то ҳоло надодааст. Баъд аз вафоти Пирӣ Ҳусейн, аъзои оилааш якчанд маротиба ба назди Аҳмади колбаса омада насиҳату ҳисобу китобҳои пеш аз вафот гуфтаи Пирӣ Ҳусейнро ба ӯ расонида аст. Аҳмади колбаса бошад, мисли ҳарвакта,»янга ӯ акаи раҳматӣ ба маа қарздор буд, лекин маа бахшидумуш» гуфта дигар ягон сомонӣ бар нагардонида аст. Мо намехоҳем миқдори маблағ ва дастнависи навиштаи Аҳмади колбасаро ифшо кунем. Шиори Аҳмади колбаса ба ҳама маълум аст: Подшоҳ мурд, зинда бод шоҳи нав! Айнан ҳамин ҳолатҳо баъд аз вазифа рафтани ҳамаи вазирону сардорони раёсат мебошад. Ягона аз Ёқуб Салимов, ки сахт метарсид, ба ӯ баҳонаи дигар намуд, ки гуё кумитаи амният аз паси ман асту якчанд маротиба маро даъват намуда нисбати шумо пурсиданд, ман аз дур ба шумо хизмат мекунам, лекин дигар вохурӣ карда наметавонам, гуфтааст, баъд аз вохуриаш дар Москва бо Ёқуб Салимов. Ҳамин тавр ҷонашро халос кардааст.Аҳмади колбаса руирост мегуяд, ки баъд аз вазифа рафтан, одам бояд аз ҳамдигар хафа нашавад. Барои он ки мо бизнесменем бояд дар хизмати одами нав рост бошем, ки проблема пайдо накунем. Аҳмади колбаса нисбати баргардонидани маблағи бегона,тақсими фоида,ҳеҷ гоҳ ба гапи худ Ҳотам нест, ҳатман сад баҳона пайдо менамояд, ки маблағро надихад ё ин ки кам-кам бо кашокашу саргардонӣ бидиҳад.

Як соҳибкорро чи тавр аз номи вазир Рамазон Раҳимзода ва Муроди телех тарс дода, ҳавлии якчанд ҳазор долларашро бар ивази просенти пулҳояш гирифта ба зани дуюм ё сеюми худ дода аст ва боз чи тавр бо як духтар ҳам Аҳмади колбасаву ҳам писараш ишқу ошиқӣ мекунанд, ҳатман бо мисолҳои конкретӣ бо ному насаби соҳибкороне, ки ҳамроҳи ӯ бизнес карда дар проблемаҳои калон задаанд, дар навиштаҳои оянда ҳатман нақл менамоем. Ҳоло бошад ба худ «кришаи нав» Шарифбек Давлатов, хусури Таҳминаи духтари президентро гирифта ҷиноятҳои худро давом дода истодааст. Мо ҳатман пайгирӣ менамоем. Халқи бечораи тоҷик солҳои дароз аз дасти данғарагиву колхозободӣ азобу машаққат мекашид, акнун боз аз дасти дарвозиву обигармӣ ҷойи гурез мекобанд.

Сообщение Шералӣ Кабиров чи гуна Талкоро оҳанпора кард? появились сначала на ISLOH.net.

Раддия ба зиёиён «Аз Шералӣ Кабиров «Мао Цзэдун» насозед!»
(раддияи дуввум)

Зиёиёни муҳтарами тоҷик!

Мақолаи шумоёнро бо диққат хонда ба хулосае омадам, ки шумоён, як гурӯҳ аҳли илму дониш ва намояндагони фарҳанги тоҷик мехоҳед боз як пешвои дигар бо номи «пешвои иқтисодӣ»  мисли Мао Цзэдун ё “Mao Tse-Tung;”, ки ҳокими низомии Чин Ҷёнк Кой Шикро бо роҳи инқилоб шикаст дода буд ва худаш ҳоким гашт. Бингаред ба китоби “ПУТИ ПОДНЕБЕСНОЙ” ,то бештар огоҳ гардед. Шумо мехоҳед ба сари ин халқи сарсахту ғулом пешниҳод ё ин ки чунин ақидаро таҳмил намоед?.Ба худо айб аст, ки кур- курона, надидаву насанҷида як нафарро ин қадар баҳогузорӣ намоем.

Албатта, аввал нафар бояд сари ягон мансабу вазифа як муддати муайян кор кунад, баъдан таърих ва халқ баҳои худро нисбати ӯ мегузорад. Президентҳоро пас аз анҷоми муҳлати якуми худ баъд аз 4 ё 5 соли сари давлат буданашон халқ баҳо дода даъвати дуюми муҳлатро бовар мекунад ё ин ки бовар намекунанд. Ман дар назар дорам давлатҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҳар як овози мардум қадру қиммат доштаро, на он давлатҳои ба мисли мо диктатуриву ғайридемократиро. Дар Тоҷикистон ҳоло вақте расидааст,ки баъд аз 30 соли ҳукмронии Раҳмонов, нисбати фаъолияти ӯ ва ҳукумати сохтаи ӯ, ҳар як нафари синнаш аз 18 боло баҳодиҳӣ карда метавонад. Охири соли 1992 зиёде аз мову шумо бо як орзу, бо як боварӣ, бо як хурсандӣ ба қасамҳову ба суханҳои додааш ба халқ , мардуми соддафаҳми мо ба  Раҳмонов бовар карда ӯро ҳар кас бо роҳи худ дастгирӣ намудем. Ҳамаи он қасамҳояш, ки бо шири модару бо Қуръони карим хурда буд, ки ман ғайр аз як акаи тракторист касе надораму даъвои вазифаталошӣ хам надорам, фақат ваъдаи сулҳ оварданро мекард, агар каме назар ба таърих афканем диламон на фақат аз Раҳмонов, балки аз ҳамаи сиёсатмадорону тарафдоронаш сард мешавад. Ҳазорҳо нафар мардуми Тоҷикистон бо ҳар баҳона кушта шуд ва то ҳозир давом дорад. Ҳазорҳо- ҳазор нафар то ҳозир дар зиндонҳо бо парвандаҳои бофтаву сохта, беҳуқуқӣ дар ватани худ, миллионҳо нафар одамон дар муҳоҷирати меҳнатии маҷбурӣ, ҳазорҳо нафар бе ному нишон дар ҷангалҳои Русия куштаву гум шуда, ягон заводу фабрикаҳои аз даврони шуравӣ монда кор намекунад, нархҳои махсулоти хурокворӣ ва сузишворӣ рӯз аз рӯз ба боло рафта истода, коррупсия то охирон мактабу боғчаҳои бачагонаи деҳоти дурдаст фаро гирифтааст, дар ягон соҳа бепуштибону бепул гапатро ҳеҷ кас гуш намекарда, тамоми бизнесҳову ҷойҳои

сердаромади мамлакатро як авлод, як оила забт карда гирифта ва ғайраву ғайраҳо, магар мо бо шумоён ҳамин тавр давлат сохтанӣ будем? Магар мову шумо барои ҳамин ба Раҳмонов овоз дода будем? Баъд аз 5-6 соли роҳбариаш Рахмонов, баъд аз нафарони асосие, ки ӯро ба қудрат оварданд бо ҳар роҳу ҳила аз байн бурда, оҳиста-оҳиста ба вазифаҳои калидии ҳукумат хешу табор ва ҳамдеҳагони худро аз Данғараву, Колхозобод аз Бохтару Фархор, ба гуфтаи худашон мардуми Балҷувонро кашида ба Душанбе ҷамь намуд. Қариб ки 50-60% онҳо бидуни дипломи мактаби олӣ ё ки тамоман аз ихтисоси худ дур буданд, фарқе набуд барои Раҳмонов. Асосаш ба ӯ содиқ бошанд. Ба зиёиён гуфтаниам, ки дар  Тоҷикистони Раҳмонов сохта  барои соҳиби мансаб шудан 5-10% дониш доштан кифоя аст. Онҷо аз рангу рӯйи одами боақлу бохирад, донишманду сухандон безоранд ва 80-90% наздикӣ ба Оила ё ин ки ба хешу табори онҳо муносибат доштан аст. Дар Тоҷикистон ба ҳамаи кор, сиёсатмадор, ҳуқуқшинос, академики тамоми илмҳо, табиби тамоми дардҳо, гинекологи хуб, мулло, шоир, артист, шеъру сурудфаҳм, раққос, инжинер, ошпазу нонпаз ва ғайра фақат як одами «худодод» аст бо номи Раҳмонов Эмомалӣ. Дигар Тоҷикистон ниёз ба касе надорад. Дар ана ҳамин солҳои бедодгарӣ дар гирди ин оила бисёр нафарони «случайный» пайдо шуданд, ки яке аз онҳо Кабиров Шералӣ мебошад. Бек Сабуров ҳам вазир аст, бояд фаромӯш накунем, агар қудо бо пешво набошад, ӯро ба «пивнушка» роҳ намедиҳанд. Ӯ ҳам “доктор наук” асту дар Москва рисолаи худро гуё ҳимоя кардааст.

Мисолҳо як чанд китобанд, лекин аз мавзуи асосӣ дур намешавем. Нисбати Кабиров Шералӣ, ки мо ӯро бо ҳамин ном мешиносем, ба маълумоти муҳтарам зиёиён расониданиам, ки ӯ дипломи институти кооперативиро ғоибона, баъд аз таъин гардидан ба вазифаи роҳбари «Талко» гирифтааст. Имрӯз ҳама дар дасти худашон аст. Ӯ метавонад дипломе нишон диҳад, ки соли 1980 МГУ-и Москваро тамом кардааст, ҳол он ки соли 1972 ба дунё омадааст, ё ин ки мисли ҳимояи мавзуъи докториаш, ки ин мавзуъро олимони рус таи даҳсолаҳо сараш кор мекарданд, лекин олими бузурги тоҷик дар як моҳ навишта ҳимоя кардааст, шумо як маротиба пурсед, на танҳо маънии мавзуи гуё ҳимоя кардаашро, балки бовар дорам, номи мавзуьро дуруст ва бо пуррагӣ гуфта наметавонад.

«Эмомалӣ Раҳмонов «пешво»и миллат худаш ҳам гуё донишгоҳи миллиро ғоибона хонда диплом гирифтааст, ки ҳамин ҳам зери савол мебошад.»

Шералӣ дар гирди Ҳасан Асадуллозода пайдо шуд ва баъд мардум фаҳмид, ки ҳамин тавр ҷавон ҳам вуҷуд дорад.То он вақт ҳеҷ кас номи ӯро нашунида буд. Шералӣ агар дар зиндагӣ соҳиби як куртаи нав шуда бошад, ё чи муваффақият ва шуҳрат пайдо карда бошад, ҳама аз ҳисоби Ҳасан Асадуллозода аст. Ҳама мардуми хурду калони Тоҷикистон медонад, ки Шералӣ кӣ аст. Ҳасан Асадуллозода дар тамоми гуфтугузорҳои тиҷоратӣ бо хориҷиён, вохуриҳо бо раисону вазирон, қариб, ки дар тамоми сафарҳои пешво ва дигар корҳои шахсии худ ҳамчун ёрдамчӣ Шералиро мебурд ва бовар мекард. Мардум ин ҳолатро дида зиёде корҳои худро ба воситаи Шералӣ ба Ҳасану дигар раисон ҳал менамуданд. Ҳамин тавр Ҳасан, ки худ як одами тамоман бесавод ва маишатпараст мебошад ба Шералӣ пурра бовар намуда, каме барвақт худро Ҷаноби Оли-2 тасаввур кард. Дар охир албатта шаттаи сахт ҳам хурд, сахт пушаймон ҳам ҳаст. Аммо як вақти муайян фоида надорад ва ҳеҷ кор ҳам карда наметавонад. Ҳасан Шералиро ворид ба Оила сохт ва бо Раҳмонов аз наздик шинос намуд. Ҳасан мисли худ як одами кучагӣ ва бемаълумотро бо диплому унвонҳои фальшивый то вазири саноати Тоҷикистон оварда расонид. Ин болоравиҳо дар карера ва олими бузург шудан ин фақат ва фақат хизмати Ҳасан Асадуллозода аст, ки ӯ имрӯз худро ҳамчун «асосгузори иқтисодиети Тоҷикистон» номидааст. Ҳатман ин мақоларо худи Кабиров Шералӣ ба 3-4 нафар ба ном «зиёиён» пул дода навиштааст ва онро мақсаднок ба “Ислоҳ” ирсол намудаанд. Дар давоми чопи як чанд мақаола аз рӯзи таваллуди Шералӣ Кабиров то имрӯза ҳаёт ва фаъолияти ӯро, мисли оина ба шумоён пешкаш менамоем. Зарар ва фоидаи ӯро ба чамъият, чи тавр донишмандӣ ва ободкории ӯро, ҷиноятҳои махсусан калони ӯро, ки 80% аъзои оилаи Раҳмонов ин қадар ҷиноятҳои иқтисодӣ содир накардаанд, нақл менамоем.

«Ҳасан Асадуллозода умуман мехост ӯро сарвазир ё ақаллан муовини аввали сарвазир монад, лекин Раҳмонов президенти солхои 1995-1996 нест. Сарвазир хатман бояд «кукла» ё “Арусак” аз вилояти Суғд бошад, боз дар оила машварат карда ба хулосае омаданд, ки Давлаталӣ Саидов хешутабори наздиктар аст, бояд ӯро таъин намуд.Боз ӯ бояд аз Суғд бошад.»

Хиёни бузрги Шералӣ Кабиров ба Ҳасан Асадуллозода

Ҳасан Асадуллозода , бо як зораву нола, бо дастгирии апааш Азизамоҳ Шералиро вазири саноат монд  ва аз байн дере нагузашта Шералӣ тамоми сирру асрори Ҳасан Асадуллозодаро  ба пешвову Рустам нақл намуда аз онҳо хост, ки ӯро аз «мустамликаи Ҳасан» халос намоянд. Тамоми муомилоти пинҳоние,ки Ҳасан Асадуллозода аз оила пинҳон тавассути Шералӣ Кабиров анҷом дода буд ҳамаро як ба як барои наздик шудан ба «пешво» барояш гуфт,то садоқаташро ошкор созад. Баъдан гуё бо супориши пешво ва аъзоёни Оила бо пуррагӣ аз Ҳасан Асадуллозода руй гардонид, дигар ба телефонҳояш ҷавоб намедихад, дар ягон маърака агар рӯ ба руй шавад ғайрат мекунад салом накунад ё ин ки сари як миз бо ӯ нанишинад. Ҳатто гапҳо баромад дар кругҳои дохил оилавии «пешво», ки гӯйё Ҳасан як инсони хело касиф ва мубталои бемориҳои хатарнок ҳам ҳаст. Ҳатто муоиноти тиббиро ҳам ба хонавода тақдим намуда аст. Аз ин ҷо буд, ки модари Муҳиддин апаи Зоир Соҳибов Ҳасанро фоҳиша гуфта ва иқрор намуда аст, ки Ҳасан ӯро ба беморӣ гирифтор намудааст. Ин сару садоҳо дар кругҳо давр мезанад, ки асосашро Шералӣ Кабиров медонанд, ки бо санад докозат карда будааст. (тафсилоти ин ҳодисаро дар раддияи дигар интизор бошед)

Албатта Раҳмонов бисёр актёри калон аст!!  Миссияи Ҳасан Асадуллозода ҳам ба фикрам аллакай ба охир расид. Барои он ки нафақат фарзандони Раҳмонов калону гуё боақл шуданд, балки набераҳо низ аз Бобо алакай вазифа талаб доранд. Барои норозӣ нанамудани Азизмо тавассути Шералӣ Кабиров ин ходҳоро омода намуда бошад. Вой бар ҳоли мардуми тоҷик!!!

«Зиёиён навиштаанд, ки гуё соҳибмулки пештараи “Ориёнбонк”  ба душвориҳо дучор шуда бонкро ба фурӯш мондааст. «Ориенбонк» ин собиқ «Промстройбанк»- и СССР ва баъдан  Тоҷикистон буда, даҳсолаҳо роҳбарии ин банкро марҳум Абдусатторов Абдумуталиб ном одам роҳбарӣ менамуд, ва дар охирҳои соли 1998-1999 Ғаффор Идиев ном соҳибкор, бо ёрӣ ва дастгири командир Суҳроб Қосимов, роҳбари бонк Абдусатторовро аз  кабинети кориаш бо яроқу аслиҳа зада, зери фишор аризаашро гирифтанду Ғаффор Идиевро сардори бонк таъин намуданд. Абдусатторов зуд аз Душанбе кучи худро баста ба вилояти Суғд рафт. Ҳамин тавр тахминан ду сол роҳбарии Ориёнбонкро Ғаффор Идиев дар душ дошт, ки аз тарафи Ҳасан Асадуллозод, ки нав аз Колхозобод ба ҳайси раиси биржа омада буд, фишори забт карда гирифтан шуруъ шуд, ҳатман бо супориш ва дастури худи пешво.»

Ғаффор Идиев ҳам ба хубӣ намехост бонке, ки мисли як филми Голливуд забт карда гирифта буд ба осонӣ аз даст бидиҳад. Лекин дар пушти Ҳасан Асадуллозода  тамоми аппарати давлат истода буд. Дере нагузашта Идиев Ғаффорро мисли модаҳои ҳозира, «финансирование боевиков Раҳмон «Гитлер»» гуфта прокурори ҳарбии онвақта Шариф Қурбон, як фасодзадаи дигар ӯро ба ҳабс гирифт ва ба муддати 6 сол аз озодӣ маҳрум сохтанд. Дар ин вақт Шералӣ Кабиров фақат ронандаи шахсии Ҳасан Асадуллозода буду тамом.

Ҳасан Асадуллозода дар як мошини жигули 2107, рақами давлатиаш 00-77 ХТА. Дигар ягон рол бозӣ намекард. Баръакс барои ғасб намудани Ориёнбонк «ёрӣ ва меҳнат»-и Идиев Ҳусейн зиёд расидааст, ки ӯ ҳамаи хабарҳоро аз назди писар амакаш Ғаффор Идиев меоварду бо пуррагӣ дар хизмати Ҳасан  Асадуллоев буд.  Ҳусайн Идиев подоши хидматҳои кардааш ба Ҳасан Асадуллозодаро то ҷое пас  гирифт. Мо бояд душманро дар дур накобем, душман доимо ҳамроҳамон аст. Гоҳо худамон бо баъзе амалкардҳоямон душманӣ бар худ мекунем, ҳоло куҷо расад ба душмании нафарони заздикамон.

«Ин қисса хеле дароз аст ва мумкин аст онҳое дар мавриди Идиев Ҳусейн ба “Ислоҳ” менависанд дақиқан ин масаларо каме муфассалтар нависанд, то ин ҳолат ҳам ошкор гардад. Аммо агар онҳо нанавиштанд, мо омодаем ончи ба ин масала марбут аст ба “Ислоҳ” нависем.»

Саҳмиядори асосӣ Идиев Ғаффор буд. Бо як фиребу бо як фишор ба сари Ғаффор Идиев рафта, дар дохили зиндон ба ивази озодиаш аз зиндон ва маҳкам кардани парвандаи сохтаи Шариф Қурбон, саҳмияҳои бонкро имзо кунонида ба фоидаи Ҳасан Асадуллозода гирифтанд. Баъд аз он Ҳасан Асадуллоев ғасби яке аз бонкҳои калони Тоҷикистонро ба охир расонида раиси саҳмиядорони Ориёнбонк шуд. Ориёнбонк аввалин ғасби моликияти дигарон бо роҳҳои фишор, парвандаи сохта буд. Баъд аз ин садҳо корхонаву иншоот ва бизнесҳо аз тарафи Ҳасан Асадуллозода ғасб карда шуда, садҳо одамонро бе гуноҳ зиндон ё ин ки аз мамлакат берун карданд. Яъне пас аз захвати “Ориёнбонк” диданд мешудааст ва ҳеҷ кас чизе ҳам намегуфтааст. Чуноне оғози ба ҳукм расидани Эмомалӣ Раҳмонов ин сессияи 16 ум дар Хуҷанд аст. Оғози ғасбҳои рейдерӣ дар Тоҷикистон тавассути оилаи Раҳмонов ин “Ориёнбонк” аст.

Шералӣ Кабиров аз махинация муҳрабизнез 32 миллион доллар ба Ҳасан дод

Мо як ҳолати воқеиро бароятон мегӯем, ки онро аксари мардуми кишвар хуб медонанд. Агар ёдатон бошад «муҳрабизнес» баромада буд. «Ҷамол Компания» ва Ҷамшед Сиёев як ҷавони Дарвозӣ роҳбари ин ширкати махинация буд. Шералӣ Кабиров сармуҳосиби ин ширкат ва дасти рости Ҷамшед Сиёев буд. Ҳама он пулҳое аз мардум ин ширкат ҷамоварӣ карда буд як моҳ пеш аз бастани ширкати «Ҷамол Компания» Шералӣ Кабиров худро бо Ҳасан наздик мекунад ва роҳи ҳама пулҳои ҷамъовардаи ин ширкатро  ба Ҳасан Асадуллоев  мефаҳмонад. Ҳама роҳро дуруст мекунанд ва Шералӣ Кабиров аз он ширкат берун мешавад ва пас аз пурра ба даст гирифтани маблағҳо аз ин ширкат. Шералӣ Кабиров барои чандин миллион доллар овардан ба Ҳасан Асадуллозода ба командаи ӯ мегузарад.

«56 ҳазор нафаре, ки баробар ба 117 миллион сомонӣ (ба ҳисоби онвақта қариб 40 миллион доллар) буд, ба кисаи Ҳасан Асадуллозода 32 млнашро ба «Ориёнбонк» гузаронид.»

Хуб бо мардуми пул дода чӣ шуд, Ҷамшед Сиёев чӣ шуд дигараш ба ҳама маълум аст ва ҳоҷат ба шарҳу тафсилоти бештар нест. Аммо ҳамин қадар мегӯем Ҷамшед Сиёеро соли 2003 ба 11 сол ҳукм ба зиндон карданд ва боз бо дахолати Шералӣ Кабиров ва Ҳасан Асадуллозода ба Ҷамшед Сиёев 19 соли дигар ҳукм содир намуданд. Яъне 30 сол ҳукм ба зиндони низомаш пурзур ба он хотир,ки  дигар набарояд ва зиндагонии моро талх накунад. Ахиран дар 27 уми октябри соли 2015 дар зиндони  “Кирпичний” дар шаҳри Ваҳдат «безарар» гардонида шуд, яъне куштанд ӯро. (Дар дасти «Ислоҳ» аз прокуратураи генералӣ тафсилоти ин қазия бо санадҳои муҳри махфӣ вуҷуд доранд,ки исми Шералӣ Кабиров дар чанд дело вуҷуд дорад.Агарчи ин ширкат ҳамагӣ  панҷ моҳ фаъолият намудааст яз моҳи март то августи соли 2003 тафсилоти бештари ин қазияро дар раддияи дигар интизор бошед)

Олимони муҳтарам ин аст ҳақиқати аслии чи тавр соҳиби бонк гаштани Ҳасан Асадуллозода, чуноне, ки фаҳмидед, ягон заррае ҳиссаи Шералӣ дар инҷо нест. Ин ҳама корҳо бо сардорӣ ва роҳбарии бевосита ва роҳнамудоти сӯдманди пешво  барои оила сурат мегирад. Ҳасан нав аз қишлоқ ба шаҳр омада буд. Ӯ қудрат надошт бо як милитсионери одӣ гап занад, на он ки ба Суҳроб Қосимов рӯ ба рӯ шавад.

«Оиди корхонаҳои номбар карда шуда «Ориёнбонк», «Сомон-Эйр», «Талко», «Талко Голд», «Талко кабел», «Талко Ресурс», «Талко Кемикал», «Талко Флюорит», «Сомон Суғд», «Сомон-Сохтумон», «Сомон-Суғурта», «Сомон –Лизинг”, мо як ба як ба шумоён маълумот пешкаш менамоем  ва исбот менамоем бо рақамҳо, ки кадом корхонае, ки Шералӣ Кабиров бевосита ба сохтумонаш ҳисса дошта бошад, ҳатман қимати аслии ин корхона аз 5 то 10 маротиба баланд нишон дода шудааст.»

Оиди доно ва забондонии Шералӣ Кабиров фақат кутоҳакак ҳамин қадар мегуем, ки ғайр аз забони тоҷикӣ дигар ҳамаи забонҳоро Шералӣ «озодона» бо «Google translate» гап мезанад. Мо Шералиро аз ҳамшаҳриҳояш беҳтару хубтар мешиносему бо ӯ муомилаҳо ҳам дорем, то ба имрӯз.

Ҳамин забонро ҳам вақти маслиҳати «откат» мешавад бе шоҳид, бе тарҷумон, танҳо ба танҳо бо шарикони бизнесии хориҷӣ гап мезанад. Ба ҳамаи гуфтаҳо шоҳид дорем. Агар шумо хохед, ки забондонии Шералиро исбот намоед, марҳамат бо яке аз ин забонҳо, ҳамчун вазир як мусоҳибаи озод ташкил намоянд, мо албатта хурсанд мешавем.

Аз рӯйи мактуби навиштаи зиёиён маълум мешавад, ки зиёда аз 20 сол дар Тоҷикистон ғайр аз Шералӣ дигар ягон нафар аз сарвазиру муовинонаш, вазирону раисони кумитаҳо, раисони вилояту шаҳрҳо ҳама бекор, фақат хурда хоб, бо ду чашм интизор, ки кай Шералӣ Кабиров омада, шаҳру вилоят, ё ин ки корхонаҳои моро обод карда медиҳанд, ё ин ки кай як корхонаи нав сохта медиҳанд?! Биёед пеш аз ҳарф задан аз ободкориву созандагии Шералӣ Кабиров як чизро муайян созем. Кабиров Шералӣ вазифаашон аз чи иборат аст ва маблағҳои масраф мекардаашон аз они кист? Шералӣ як мудири (менеджер) корхона, ки аз ҳисоби маош ва ё ягон бонусҳои иловагӣ зиндагӣ мекунанд. Ин кас соҳибмулки Талко набошанд, ё ин ки ақалан вазири молия набошанд, ки ба ягон лоиҳа маблағ чудо кунанд. Ҳар як коре, ки Шералӣ ба сохтумон ё ободкориаш даст задааст, бюджети давлат ё пулҳои Талко масрафаш даҳҳо маротиба баланд шудааст. Ба ҳар яке аз ин сохтумонҳо маълумоти аниқ ҷамь намудаем, албатта, як ба як бо далел онҳоро пешкаш менамоем. Худоро шукр мекунем, ки мисли Шералӣ «олими иқтисодӣ» дар ин ҳукумат фақат якто, агар ду ё се нафар мебуданд бюджети Тоҷикистон масрафи онҳоро намебардошт.

«Дар вазорати саноат ташкил намудани «центр интелектуалный собственность» тамоман ба Шералӣ дахл надорад. Мо боварӣ дорем, ки Шералӣ тамоман ин мавзуъро намефаҳмад. Ин мавзуъи як ҷавоне, ки беҳтарин мактабҳои олии Амрикоро хатм  карда омада ин программаҳоро дар Тоҷикистон ташкил намуда истодааст.»

Шералӣ Кабиров  гуё доктори илм ва олими ҷавон ҳасту яке аз мавзуъи хеле муҳимеро гуё бо сари баланд навишта ҳимоя кардааст. Дар Шӯрои диссертатсионӣ дар мавзӯи “Ташаккул ва рушди муҳити соҳибкории корпоративии корхонаи воҳид: назария ва методологияи идоракунии зиддибӯҳронӣ (дар мисоли КВД «Талко»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон) рисолаи докториро дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 19 марти соли 2012 дифоь кардааст.”  Боварии комил дорам, ки Шералӣ Кабиров  номи мавзуъи худро гуфта наметавонад  ва тамоман як варақ худаш нанавишта аст.

Нисбати рисолаи доктории Шералӣ Кабиров, Давлаталӣ Саидов ва Асадулло Раҳмонов дар маҷаллаи «дисернет» ва «Компромат.ру» хеле хуб гуфта шудааст, ки аз куҷо ин рисолаҳоро руйбардор ё дуздӣ ё ин ки «плагиати асарҳои илмӣ» карда шудааст. То ҳатто Раҳмонов дар як вохурӣ бо «олимони ҷавони нав ҳимоят карда» баъди ҷангҷолҳои ин ҷамоат чунон гуфт. Ин ҷамоат 32 донишманди тоҷикро ба асардуздӣ маҳкум кард.  Ахиран Эмомалӣ Раҳмон зимни муроҷиат ба “олимон”-и муттаҳам ба асардуздӣ гуфт: “Агар мустақилона рисолаҳои худро нанависед, чӣ гуна академик, профессор ва номзади илм шудед? Шумо нанги ин миллату давлат ҳастед!». Ана хамин тавр доктори илм шудааст Шералӣ Кабиров. Нисбати фаъолияти заводи калонтарини алюминии тоҷик таҳлилҳои чуқур ва далелҳои раднашавандае дорем, ки ӯ саҳифаи зиёдеро мегирад. Кутоҳӣ гап ҳамин, ки беҳтарин, бузургтарин корхонае, ки зиёда аз 20.000коргар дошту бо пуррагӣ шаҳри Турсунзодаро бо тамоми мактабҳову боғчаҳои бачагона ва спортзалҳову хонаҳои маърифатиро дар баланси худ нигоҳ дошта, масрафҳояшро медод ва зиёда аз 500.000 ҳазор тонна истеҳсоли алюминий дошт, маҳз Шералишо Кабиров пурра онро ба нестӣ расонид.

Суғдро Ҳасан Асадуллозода тавассути «Сомон Суғд»у Шералӣ Кабир захват кард

Дар мактуб гуфта мешавад, ки гуё Шералӣ Кабиров дар вилояти Суғд як ширкати бо номи «Сомон-Суғд» ташкил намуда, корхонаҳои пурра аз кор мондаро ба баланси Сомон-Суғд гирифта ба кор дароварда бошад. Нисбати ҳар як корхонаи бо роҳҳои шантаж,фишор ва қаллобӣ ба даст даровардаи Ҳасан Асадуллозода ва Шералӣ Кабиров маълумоти мухтасар пешниҳод менамоем. Фақат ҳаминро фаромӯш набояд кард, ки мардуми вилояти Суғд беҳтарин олимон, мутахассисон,инжинерҳову роҳбарон доранду ба дастгириву роҳнишондиҳии Шералӣ Кабиров барин мутахассисони фальшивый ниёз надоранд. Он корхонаҳое, ки дар вилояти Суғд гасб намуд, ҳама 100% фаъолият дошт, ҳазорҳо нафар кор мекарданд, миллионхо сомонӣ андоз месупориданд, то ба дасти «Сомон- Суғд» гузаштан, баъд аз он 70% корхонаҳоро, баъд аз тамом шудани ашёи хом ва натавонистани фурӯши маҳсулоти тайёр ба оҳанпора бурда фурӯхтанд, заминхояшро ба мардум ҳамчун ҳавлиҷой тақсим карда фурӯхтанд ва то ҳозир фурӯхта истодаанд. Боварӣ дорем аз ҳамаи ин ҳолатҳо пешво хабар дорад, сиёсаташ ҳамин аст, ки мардум бояд пулдор нашаванд. Масалан беҳтарин соҳибкорони вилоят, ки бе ёрии маблағҳои бонку бе ёрии давлат, бо кушишу дониши худ, бо ёрии дустону рафиқони худ даҳҳо корхонаҳоро обод карда буданд ба мисли ширкати » Нур» терминали аэропорт- Нурулло Усмонов, бозори «Панҷшанбе»- Абдураҳим Исмоилов, соҳибмулки як қатор заводҳои Исфара, ки зиёда аз 3000 нафар коргар дошт Низомхон Ҷураев, ки ҳар се ҳам вакилони якчанд маротибаи маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ буданд. Бо шантаж, фишор, бо парвандаҳои сохта ҳамаро ғасб карда гирифтанд. Аммо ҳоло 90% аз ин корхонаҳо дар ҳолати нестшавӣ қарор доранду ҳеҷ фоидае на худ диданд ва на мардум.

«Ҳамаи ин корҳо маҳз аз сусту беирода, тарсончаку беимон будани раисони вилояти Суғд далолат мекунад, ки лозунгашон «ҳамаро гиранду маро аз вазифа нагиранд» мебошад. Таърих баҳои ҳамаи онҳоро медиҳад. Масалан аз ҳама муддати кам раиси вилоят Ҳомидов Абдуҷалил кор карда дар зиндон мурда бошад ҳам, номи ӯро албатта мардум ба хубӣ ёд мекунанд, назар ба Қосим Қосимову Қоҳир Расулзодаву Абдураҳмон Қодириву   Раҷаббой Аҳмадзода. Ин се нафар фақат сандуқи худ ва сандуқи оилаи Раҳмоновро аз ҳисоби фурӯши вилоят пур карданд ва давом дода истодаанд.»

Шералӣ Кабиров бо ягон инвестори хориҷӣ корро то охир хуб ба роҳ намондааст, оқибати кор бо ҳамаи инвесторҳои хориҷӣ бо ҷангҷолу судбозиҳо ба охир расидааст. Дар ёд оред, ҳафтаҳо телевизионҳои тоҷик нишон медоданд, ки инвесторон аз Русияву Хитой, аз Эрону Швейтсария омада гуфтугугузорҳо мекарданду мехостанд миллиардҳо сармоягузорӣ намоянд, вале зиёде аз онҳо корро ҳам шуруъ карда буданд, ва бо сабабҳои номаьлум оҳиста — оҳиста хомӯш шуда бе ному нишон шуда мерафтанд, сабабгори ҳамаи ин гурехтанҳои инвесторҳо маҳз талаби «откат»-ҳо аз онҳост, ки як қисми қарордодҳои онҳо дар назди роҳбарони ду давлат имзо шуда буд ва онҳо намехостанд, ки аз як тараф сармоягузорӣ мекунанд аз тарафи дигар даҳҳо миллион доллар  «откат» медиҳанд. Барои ҳамаи ин инвестороне, ки нияти дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардан доштанду бо ҳар хел сабабҳо сармоягузорӣ накарданд.Мо, албатта бо қадри имкон маълумоти воқеии дақиқ пешниҳод менамоем. Маълумоте, ки мо дар даст дорем  ва рӯйи  коғаз меорем, ҳама бевосита аз мутасаддиёни ин проектҳо, кормандони «Талко», ва шахсони маълумоти мухтасар нисбати ин ҳолатҳо дошта мебошад. Дар охири ин раддияи худамон инро мегӯем,ки агар шумо нашр намоед, ҳатман муфассал ҳамаро як ба як бо далел тақдиматон менамоем, то мардум “асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон”-ро хубтар шиносанд.

Поёни раддияи дуввум ба матлаби “ Шералӣ Кабир- асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон”

Ps : “Ислоҳ” ҳамеша омодааст матолиби муҳим ва мақолаҳои илмӣ ва пажуҳишию тадқиқотиро нашр намояд. Мо кушиш мекунем навиштаҳои шуморо дар мадди аввал гузорему бе даранг онҳоро нашр намоем.

Сообщение Раддия ба зиёиён «Аз Шералӣ Кабиров «Мао Цзэдун» насозед!» появились сначала на ISLOH.net.

Ақидаи як гурӯҳ аз зиёиёни тоҷик: “Шералӣ Кабир- асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон”
Мактуби кушода аз номи як гурӯҳ зиёиёни тоҷик ба «Ислоҳ»

Пеш аз ҳама салом ба Ислоҳ. Мо боварӣ дорем, ки ин мактуби мо ба дасти шумо мерасад. Умед аз Худо дорем, ки шумо ҳатман онро чоп менамоед, агар, чуноне, ки доимо такрор менамоед, ҳақиқатҷуву ҳақиқатгӯ ва дар роҳи ҳақ ҳастед. Мо, олимон ба шумо як савол дорем. Барои чи шумо доимо танқиду гапҳои “боасос”-ро нисбати Пешвои Миллат ва намояндагони ҳукумати ҳозира чоп мекунеду мактуби мо,  ки  дар он ҳақиқати хол инъикос ёфтааст ба чоп намедиҳед? Шумо ҳатман фақат танкиду сарзанишро чоп мекунед?

Мо як гурӯҳ олимон, зиёиёни Тоҷикистон баъзе мақолаҳои шуморо хонда, нисбати ноҳақиву беадолатиҳо, нисбати баъзе шахсони муътабари ҷамъият, ки онҳоро на фақат халқ  ҳатто Пешвои Миллат эҳтиром мекунанд, туҳмату буҳтонҳоро насанҷида ба чоп мебароред. Маҷбур шудем бори аввал  ба шумо мактуби дастаҷамъона навишта, кутоҳакак  нисбати баъзе аз корҳову хизматҳои  ба ватани азизамон кардаи ин шахси ба мо ғамхору муътабар нақл намоем. Бовар кунед агар мо ҳамаи кору фаъолият ва заҳматҳои кашидаи ин ҷавонмарди асилро нисбати  ватани азизамон ва ободонии  баъзе ноҳияҳо нақл намоем, мумкин аст рӯзҳо ва ҳафтаҳо рӯйи сафҳа оварданашон  кам бошад.

Асли мақсади мо дар ин нома ба «Ислоҳ»

Биёед сари мақсад мегузарем. Дар якчанд мақолаҳои  шумо нисбати  Шералӣ Кабир (Кабиров Шералишо Олимович ) гапҳои бардуруғ ва туҳматҳо дида мешавад. Шералишо Кабиров ҳамчун ҷавонмард фахри миллат аст.  Давраҳои ҷавонӣ ва то шуруъ намудани ҳамкорӣ ба Ҳасан Асадуллозода, Шералишо Кабиров ба соҳибкорӣ машғул буд  ва хеле муваффақ ҳам буд. Бо баъзе ҷумҳуриҳои аврупоӣ бизнесҳои маҳсулотҳои консервагӣ кор мекард, аз Дубай мошинҳои   зиёд ворид мекард, дар вақти ниҳоят мушкил барои Тоҷикистон пас аз ҷангҳои шаҳрвандӣ, ба таъминоти хурока минтақаҳои сарҳадии ноҳияи Дарвозу як қисми ноҳияҳои Бадахшонро дар души худ дошт, ки амнияти ватани мо аз тарафи Афғонистонро таъмин менамуд.  Овозаи ин ҷавонмард ба тезӣ байни мардуми Тоҷикистон паҳн гашт ва Ҳасан Асадуллозода ӯро ба тими худ, ҳамчун муовини аввал бо тамоми  ваколатҳояш ба кор даъват намуд. Аз рӯйи  маълумоти мо вақте ки » Ориёнбонк»-ро саҳмиядори асосиаш идора карда натавониста ба душвориҳо бархурд ва хулосаи  фурӯшро намуд, маҳз Шералишо Олимович  Ҳасан Асадуллозода маҷбур ва розӣ намуд, ки бонкро аз саҳмиядори асосӣ бихарад, то ин ки бонкро аз муфлисшавӣ халос намуда, муштариҳояшро ба давлату давлатдорӣ ва ба сиёсати пешгирифтаи Ҷаноби Олӣ дилгарм намояд.

«Ҳасан Асадуллозода ба ӯ бовар намуда » Ориёнбонк»-ро  харид,ва ҳоло бошад бо шарофат ва кордонии Шералишо Кабиров  ин бонк яке аз калонтарин бонкҳо  дар Тоҷикистон ва фоиданоктарин бонк  шудааст. Умуман ширкатҳои ташкил намудаи Шералишо  Олимович машҳури ҷаҳон гаштаанд, ба мисли «Ориёнбонк», «Сомон-Эйр», «Талко», «Талко Голд», «Талко кабель», «Талко Ресурс», «Талко Кемикал», «Талко Флюорит»,»Сомон Суғд», «Сомон-Сохтмон»,»Сомон-Суғурта», «Сомон -Лизинг» ва даҳҳо дигар ширкатҳо, ки имрӯзҳо ҳазорҳо нафар ҷавонон соҳиби кори доимӣ ҳастанд. Шералишо Кабиров бо якчанд забонҳои хориҷӣ озодона суҳбат менамояд ва доимо дар гуфтушунидҳо бо шарикони хориҷии худ озодона бо забонҳои русӣ, англисӣ ва ҳатто чинӣ суҳбат мекунад, ки барои сохибкори миқёси ҷаҳонӣ дошта мувофиқ мебошад.»

Зиёда аз 20 сол мешавад, ки ӯ барои ободии ватан, барои тинҷиву осудагии  мардум дар тими Пешвои Миллат яке аз  нафарони наздик, содиқ  ва ватандӯст камари ҳиммат баста хизмат карда истодааст. Ҷаноби Олӣ хизматҳои олими ҷавони ободкору зиракро қадр намуда, якчанд сол  пеш аъзои ҳукумат, вазири саноат ва технологияи Тоҷикистон  таъин намуданд. То ба вазифаи вазирӣ, Шералишо Олимович дар дигар нақшаҳои муҳими стратегии Тоҷикистон фаъолият намуда худро ҳамчун беҳтарин мутахассиси замонавӣ   нишон дод, ҳоло бошад якумин шуда дар Тоҷикистон  «центр интелектуалный собственность» -ро бо олимони ҷавон дар назди вазорат  ташкил намуд, ки дар ояндаи наздик ба  пешравиҳои назаррас комёб мегардад. Як фарзанди оддӣ аз куҳистон  омада бо меҳнату дониши худ ба ин мансабҳо расидааст, ки  як гурӯҳ бадбинҳову кутоҳандешагон, бахилӣ намуда дар ҳаққи ӯ туҳматҳо ва суханҳои носазо менависанд, то ин ки обруй ва эътибори ӯро назди Пешвои Миллат ва дар назди халқ коҳиш бидиҳанд, ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ онҳо намерасанд, чи тавре дар қадим мегуфтанд, » тилло дар  таи хоку лой ҳам ҷило медиҳад». Пешвои Миллат  мисли як фарзанди худ ӯро дӯст медоранд ва ӯро боз ҳам  тарбият карда истодаанд.

«Кабиров Шералишо Олимович  яке аз докторҳои илм ва олими ҷавон ҳам ҳаст, ки мавзуъи хеле муҳимеро ба шароити имрӯзаи пешрафти ҷамъият бо сари баланд навишта ҳимоя кардааст. Дар Шӯрои диссертатсионӣ дар мавзӯи “Ташаккул ва рушди муҳити соҳибкории корпоративии корхонаи воҳид: назария ва методологияи идоракунии зиддибӯҳронӣ” (дар мисоли КВД «Талко-и Ҷумҳурии Тоҷикистон) рисолаи докториро дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 19 марти соли 2012 дифоь кардааст. Қаблан ҳам ӯ соли 2003 ӯ курсҳои такмили ихтисос дар самти муфлисшавӣ ва солимгардонии вазъи молиявиро дар Донишгоҳи байналмиллалии бонкии шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Россия низ хатм намуда буданд.

Муҳимтарин корномаи Асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон пас аз истиқлол,то имрӯз

Шералишо Олимович  то таъин шудан ба мақоми вазир, барои ободии ватан бо дастгирии Пешвои Миллат  ду чойхонаи калон, як корхонаи кабельбарории замонавӣ бо итолявиҳо, якчанд корхонаҳои азим дар ноҳияи Ёвон ва якчанд корхонаҳои саноатии дигар дар ноҳияҳои ҷумҳуриамон  аз ҳисоби «Талко» сохта ба истифода дода буд. Аз солҳои 2004 сар карда роҳбарии бузургтарин корхонаи саноатӣ ва стратегии  Тоҷикистон, заводи алюминибарории Турсунзодаро роҳбарӣ намуда, ҳаҷми истеҳсолоти алюминияро аз давраи Шуравӣ зиёдтар афзоиш дода, заводи алюминии тоҷикро дар дунё машҳур сохт, даҳҳо ҳазор одамонро ба ҷои корҳои доимӣ  таъмин намуд, маошҳоро якчанд маротиба боло бардошт, тамоми мактабу  боғчаҳои бачагонаро аз нав ба кор дароварда таъмирҳои замонавӣ намуд, миллиардҳо доллар инвестицияҳои хориҷиро ба Тоҷикистон  ҷалб намуда ворид сохт, ба мисоли Русали Русия, Глинкори Швецария, Гидроалюминий Норвегия, компании Нобели Сингапур ва дигар ширкатҳои  бузурги ҷаҳонӣ ва то охир обрӯйи  Тоҷикистонро дар сатҳи баланд нигоҳ дошта, то имрӯз ҳамкориҳои дуҷонибаро давом дода истодааст. Новобаста аз санкцияҳои давлатҳои аврупоӣ нисбати баъзе мамлакатҳое, ки Тоҷикистон молҳои худро ҳамчун транзит аз ҳудуди онҳо меовард, бе ягон мамониат  ба шарофати  Кабиров Шералишо борҳои лозима ба Тоҷикистон  воридот ва содирот шуда истодаанд. Яъне логистикаро хеле хуб ба роҳ монда аст. Масалан, замоне, ки муносибатҳои  Тоҷикистон  ва Узбекистон хеле сард буданду масъалаҳои транзитӣ ашёи хом ё маҳсулоти тайёр  бисёртари вақт байни ҳукуматҳои ду давлат ҳал намешуданд, вале Шералишо  Кабиров масъалаи таъминот ва фурӯши маҳсулоти алюминиро маҳз бо Узбекистон бо алоқаҳои ғайрирасмии худ ҳал намуда буд ва бе ягон мамониатҳову  мушкилиҳо қатораҳо рафта меомаданд, ҳамаи ин заҳматҳо аз таҷрибаи кории хуб доштан ва истеъдоди баланд  доштани ин ҷавонмард огоҳи волое медихад. Лекин новобаста аз ин, проблемаҳо вуҷуд доранд ва бо навбат ҳал шуда истодаанд. Ӯ тавонистааст бо як методи аҷоиби замонавӣ дар заводи алюминий тоҷик сарфи қувваи электрикиро  2-3 маротиба кам намуда ба мардуми Тоҷикистон барқро фаровон намояд. .

Аз баски  корхона бо  гази Узбекистон кору  фаьолият мекарду вақтхои охир бо сабаби  байни ду давлат проблемаҳои сиёсӣ пайдо шудан ва қатъ гардидани робитаҳои иқтисодӣ, Шералишо Олимович  дар ҳолати ниҳоят вазнин барои корхонаи бузургтарини ҷумҳурӣ ва барои бекор намондани мардум, илму малакаи худро моҳирона  истифода бурда корхонаро аз  сузишвории  газ ба аншишт- санги ватанӣ  гузаронид, аз як тараф мардуми зиёдеро дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд  дар кони нав кушодаи  ангишт соҳиби корҳои доимӣ намуд, аз тарафи дигар қиммати  арзиши аслии маҳсулоти  алюминиро хеле поён овард, ки ба бозорҳои  ҷаҳонӣ  рақобат карда тавонист ва садҳо корхонаҳои дигари дар ҷумҳурӣ буда аз ӯ ибрат гирифта корхонаҳои худро ба сузишвории ангиштсанг гузарониданд. Ҳамин тавр мисолҳои ободкориву созандагии ӯ хеле зиёдан. Агар дар Тоҷикистон 5-6 нафар мисли Шералишо Олимович  дар гирди Пешвои Миллат  мебуданд, Тоҷикистон боз ҳам ободтару зеботар мегашт.

Беҳтарин ташаббускор ва ватандӯсти асил

«Боз як мисоли равшан аз  фаъолиятҳои Шералишо Кабировро қайд накарда  наметавонем, тахминан аз солхои 2006 сар намуда дар гирди як ширкати навтаъсис бо номи «Сомон -Суғд»  зиёда аз 200-250 корхонаву бозорҳо ва иншоотҳои тамоман аз фаъолият мондаи вилояти Суғдро ҷамъ намуда, ба онҳо барои беҳтар намудани фаъолият қарзҳои имтиёзноки «Ориёнбонк»-ро  пешкаш  ва таъмин намуд, беҳтарин мутахассисонро аз  Душанбе ба ин корхонаҳо роҳбар таъин намуда, дар  вақтҳои кутоҳтарин ин корхонаҳо ба фаъолияти мунтазами доимӣ  корҳои худро шуруъ намуда, ҳазорҳо одамон соҳиби ҷойҳои нави корӣ гаштанд ва даҳҳо миллион сомонӣ ба бюджети ватани азизамон маблағҳо то имрӯз аз ин корхонаҳо супорида  шуда истодаанд.»

«Вақте ки  буҳрони иқтисодӣ тамоми дунёро фаро гирифта буд ва ҳамаи истеҳсолот ва маҳсулотҳои онҳо бозори худро гум карда  буданд, Шералишо Олимович  тавонист бо як тариқи нав, схемаи толлинги корҳои заводи калонтарини ҷумҳурӣ алюминийро бо ширкатҳои калонтарини дунё  ба кор монад ва бо сари баланд ин буҳрони иқтисодиро паси сар намояд.»

Ҷаноби Олӣ, Пешвои  Миллат, ҳар сол мисли як авлиё, падарворона пешгуӣ ва насиҳатҳо мекунанд, ки ҳатман захираҳои хурокворӣ ва сузишвориҳои худро  беҳтар намоед, ки дар олам шароити озуқаворӣ ва сузишворӣ ташвишовар мебошад. Яке аз аввалинҳо шуда Кабиров Шералишо ба даъвату насиҳатҳои Пешвои Миллат вокунишҳо нишон медиҳад. Дар мавриди таъмини орду равған, як сохибкореро бо номи Қаюмов Аҳмад Ҷалолович  пайдо намуда ба ӯ чи тавр ба миқдорҳои калон бо орду равғани  нисбатан арзон  таъмин намудани халқи тоҷикро дастур дода, барои пеш бурдани соҳибкорӣ маблағҳои имтиёзнок ёрӣ расонид, ва дар муддати кутоҳ Аҳмад Қаюмовро аз як соҳибкори оддии миёнаҳол ба монополисти бозори Тоҷикистон  мубаддал гардонид, ки имрӯзҳо Қаюмов Аҳмад  ба даҳҳо миллион доллари қарзҳои имтиёзноки  «Ориёнбонк» гардишҳо карда истодааст. Ҳоло бошад бо дастуру супоришҳои Шералишо Олимович ин соҳибкор доимо дар сафари  Русияву Қазоқистон оиди таъминот ва қарордодҳои нави маводҳои хурокворӣ  бо муваффақият амал карда истодааст. Ана ин аст яке аз сабабҳои асосии  боло нарафтани нархи орд, шакар ва равған дар Тоҷикистон. Мисли Қаюмов Аҳмад, дар гирди Шералишо Олимович боз раиси » Кумитаи захираҳои давлатии»-Точикистон Ахмедов Нурмаҳмад Атоевич, ки асосан таъминоти гушту тухм, шакару орд ва як қисм равғанро таъмин менамояд, раиси «Тоҷикматлубот»  муҳтарам Идиев Ҳусейн, бошад асосан ёрдамчи Кабиров Шералишо оиди гузаронидани ҷашнҳову  сохтумонҳои иншоотҳои давлатиро ба уҳда доранд. Аммо шумо дар мавриди Идиев Ҳусайн чандин мақолаҳо нашр намудед,ки мо ҳайронем? Бо таъминоти сузишвории самолётҳо  аз Туркманистону Қазоқистон бародарон  Файзулло ва Нурулло  Саидовҳо  машғул ҳастанд, ки ҳар яке  аз онҳо ягон  соҳаи ба онҳо бовар кардаи Кабиров Шералишоро пеш мебаранд.

«Барои идора намудани ин қадар ҳаҷми калони кори ақлу дониши ниҳоят калон зарур аст, ки уро Худо ба Кабиров Шералишо додааст.»

Аз рӯзи аввали таъин шудани Ҳасан Асадуллозода ба роҳбари биржа  ва баъдан роҳбари  «Ориёнбонк» ҳамаи корҳоро бо пуррагӣ Кабиров Шералишо то таъин шудан ба ҳайси вазир ба пеш мебурд ва ба муваффақиятҳои калон хам муваффақ гардид. Ҳасан Асадуллозода аз як тараф бо супоришҳои Пешвои Миллат бисёр масруф буд, аз тарафи дигар маҳорат ва ақлу дониш ва  зиракии Шералишо Кабиров ӯро ба ҳайрат оварда буд, ба ҳамин хотир ба Кабиров 100% боварӣ дошт ва ҳамаи масьулиятҳоро ба души ӯ гузошта буд. Ҳасан Асадуллозода  дар хақиқат хато накард, кадом лоиҳаеро ба ӯ бовар мекард, ҳатман дар вақташ иҷро бо сифати хуб ва дар  оянда даромади хуб ба итмом мерасид. Даҳҳо корхонаҳои хурду калон дар шаҳри Душанбе  ва ноҳияи Ёвон  ба садҳо миллион доллар сохта ба истифода дода шуданд, маҳз бо сардории ҳамин марди накукору накуном. Як чанд боғҳои  истироҳатии калон  бо гулҳову дарахтони аз кишварҳои Аврупо оварда, дар шаҳрҳои Душанбе, Кулоб, Дарвозу Турсунзода қомати худро афрохта дарҳои худро ба мардуми тоҷик кушоданд. Агар бигуем, ки муаллифи парчамҳои баландтарин дар ҷаҳонро сохта, боло бардоштан дар маркази пойтахт ва дигар шаҳрҳои ҷумҳуриамон маҳз иқдоми ҳамин ҷавонмарди ба Пешвои Миллат  содиқу ғамхор аст, хато намекунем.

Созанда ва меъмори навини Дарвоз пас аз истиқлолияти кишвар

Сохтумони чойхонаҳои калонтарин дар Осиёи Миёна, кушодани якчанд марказҳои илмиву тадқиқотӣ низ яке аз иқдомҳои ӯ мебошад. Фақат як назар афканем ба ноҳияи Дарвоз, он ҷо чи қадар иншоотҳои замонавӣ ба мисоли бинои боҳашамати «Хонаи Модар», майдони футболбозии бо номи «Арена Корона», меҳмонхонаи панҷситораи «Палас Корона» ва якчанд беҳтарин биноҳои истироҳатии баландошёна, кучаҳои марказӣ пурра мумфарш, корхонаи истеҳсоли  плиткаҳои мрамоӣи, бустонсарой бо номи «Чор баҳор»  барои қабули Ҷаноби Олӣ  ва меҳмонҳои баландпоя  ва ғайраҳо  сохта шудааст. Шаҳраки Қалъаи Хумро ба яке аз шаҳрҳои зеботарини аврупоӣ табдил додааст. Ҳамаи ин иншоотҳои дар боло зикр шударо  маҳз аз ҳисоби худ ҳамчун зодаи ин диёр маблағгузорӣ  намудааст.

Маҳз Шералишо Олимович  дар баландии 2300-2500 метр аз сатҳи баҳр, шаҳреро ба номи Корона пайдо намуд, ки мувофиқи гуфтаҳои олимони Фаронса, Олмон, Британияи Кабир, Русия  ва Эрон зиёда аз 6000 сол пештар  дар ҳудуди зиёда аз 100 га замин  вуҷуд доштааст. Ҳоло олимонро аз давлатҳои пешрафта ба ин шаҳрак ҷалб намуда, тадқиқотҳо оиди пайдоиши ин шаҳр корҳои илмӣ бурда истодаанд ва маблағгузориҳояшро Кабиров  Шералишо аз ҳисоби худ ташкил намудааст.

«Агар дар ҳукумати имрӯза як қисми каме аз вазирону раисон аз таҷрибаҳои Кабиров Шералишо истифода мебурданд, Тоҷикистони азизи мо боз ҳам сарсабзтар ва ободтар мегашт. Худ, ки ҷавони  зебову қоматафрӯхта мебошад, аз ӯ фақат некӣ ва хизмат  ба миллату давлат боқӣ мемонад.»

Пешвои Миллат аз корҳои ободкориву меҳмоннавозиҳои Кабиров Шералишо якчанд  борҳо дар ҷаласаҳои ҳукумат қайд карда гузаштаанд ва ба дигарон ҳамчун намунаи ибрат ҳам  мисолҳо овардаанд. Ба хотири ин қадар ободкору ватандӯст  ва содиқона хизмат намудан ба Пешвои Миллат, мо бояд мисли Кабиров Шералишо барин  кадрхоро  ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, нисбаташ гапҳои беасосро аввал санҷида баъд рӯйи коғаз биёварем. Аз шумо хоҳиш ва талаб менамоем ин мактуби сарҷамъонаи моро ҳатман нашр намоед, то мо донем “Ислоҳ” ҳақиқатро чоп мекунад.

Бо эҳтиром як гурӯҳ зиёиёни тоҷик:

Акбаршо  Одилзода,

Муҳаммади Раҳмониён.

Рустамшо  Бузургзода.

Хилватшоҳи Одинашо.

Қодири Каримзод.

Раҳмоналӣ Асозода.

Гулбибии Сайрамшо,

Ҷамъ 22 имзо…

Ps:  Ҳаводорони арҷманди «Ислоҳ»!Мо, ба унвони як расона барои ҳамчунин муаллифон ҳам минбар медиҳем ва навиштаашонро, ончуноне ҳам мебинед бидуни тасарруфе мунташир кардем. Аммо, мову шумо хуб медонем, ки воқеият чӣ аст. Ба ҳар сурат мехоҳем, ки шумо низ назари худро бинависед ва агар дар баробари ин «асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон» ҳарфҳои гуфтание доред, бифармоед. Танҳо бо далел ва фактҳо нависеду фиристед,то онҳоро низ нашр намоем.

Сообщение Ақидаи як гурӯҳ аз зиёиёни тоҷик: “Шералӣ Кабир- асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон” появились сначала на ISLOH.net.