Архивы Тоҷикобод - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №279
Миллати тоҷик имрӯз бесоҳибтарин миллат дар минтақа шудааст. Дар ватан зери пои ҳукумати худкома зери фишору зулм мемонад, дар муҳоҷират бошад, аз дасти ҳам милисаи рус ва ҳам сафорати худ ғорат мешавад.

Номаҳое, ки ба дасти мо мерасанд, гувоҳи зиндаанд, ки миллати мо ҳамарӯза бо ду душман рӯбарӯ аст: душмани берунӣ, ки он муҳоҷират ва таҳқири бегонагон, ва душмани дарунӣ, ки он ҳукумати ғоратгару золим, ки хун ва нони халқи худро мехӯрад.

Ин шумораи 279-ум оинаи зиндагии талхи тоҷикон аст: муҳоҷир дар Маскав маҷбур аст барои як варақи оддӣ садҳо рубл диҳад, дар боздоштгоҳ дар Краснодар тоҷики «бесоҳиб» аз дасти худи ҳаммиллаташ фиреб мехӯрад, ва дар Рӯдакӣ як модарро бо фарзандонаш қотилон ба таври ваҳшиёна мекушанд. Ҳукумат бошад, ба ҷои посух гуфтан, ангушти айбро ба тарафи мухолифон мебарад.

Ин номаҳо садои ҳақиқати талханд: миллати мо то вақте нахезад, ин золимон ҳар рӯз хуни бегуноҳонро мерезанд ва ояндаи фарзандонамонро месӯзонанд. Пас, бархезед, эй ҳамватанон! Ҳаққи озодӣ ва зиндагии шоистаро касе ба мо тӯҳфа намекунад-онро бояд бо дасти худ гирифт!

Москва

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракоту, устоди азиз Муҳаммадиқболи Садриддин!

Умедворам шумо саломат ва хушҳол ҳастед.

Ман як муҳоҷири меҳнатӣ аз Русия ба шумо менависам. Ба наздикӣ кори ман ба консулгарии Тоҷикистон дар Маскав рост омад ва бо чашми худ дидам, ки он ҷо чӣ қадар ҳаромхурӣ ва ноадолатӣ ҷараён дорад.

Ҳанӯз аз дар, маҷбур мекунанд, ки телефонро ба қафаси оҳанин монӣ. Дар долон ду нафар истода, мепурсанд, ки барои чӣ омадӣ. Агар бигӯӣ «барои возвращение на родину» (баргаштан ба ватан), туро ба таҳхона мефиристанд. Дар он ҷо барои ариза навиштан фавран 400 рубл талаб мекунанд. Боз барои гирифтани сурат (4 ба 3) 400 рубли дигар.

Сипас туро ба окошко мебаранд, ариза месупорӣ. Баъд ба хазина мефиристанд, ки боз 1700 рубл супорӣ. Пас аз он мегӯянд: «рав, 3 ё 4 соат интизор шав».

Дар бораи шиноснома бошад, нархи давлатӣ 120 доллар аст, ки ба русӣ 10 400 рубл мешавад. Аммо ин ҳаромхурони консулгарӣ мегӯянд: «220 доллар супор» , яъне 19 100 рубл. Ба ҳар як шиноснома 100 доллари иловагӣ болошуда мегузоранд. Муҳоҷири бечора агар бигӯяд: «ман ҳамагӣ 10 400 рубл дорам, ҳамин маблағи давлатиро қабул кунед», ба ӯ мегӯянд: «рав, талон гир ва ду ҳафта интизор шав». Ин маънои онро дорад, ки муҳоҷир ноилоҷ мешавад ва маҷбур аст ҳамон 19 100 рубл супорад, то вақти худро талаф накунад.

Ман шиносони узбек ва қирғиз дорам, онҳо ҳеҷ гоҳ бо чунин бадрафторӣ рӯ ба рӯ намешаванд. Дар сафоратҳои худи онҳо «возвращение на родину» ҳатто бепул дода мешавад. Аммо муҳоҷирони тоҷикро фиреб мекунанд ва ба азоб меандозанд.

Номаи дуввум:

Муҳоҷирон вақте барои гирифтани шиносномаи нав ё иваз кардани он муроҷиат мекунанд, боз бо садҳо монеа рӯ ба рӯ мешаванд. Масалан, агар муҳоҷир шиносномаи нав гирад ва ҳуҷҷатҳояшро ба Сахарово супорад, он ҷо мегӯянд, ки «ту шиносномаи нав дорӣ, бояд подтверждение бигирӣ». Аммо вақте муҳоҷир ба сафорат меравад, ба ҷойи ёрӣ, ӯро маҷбур мекунанд, ки барои як варақи тасдиқ 1800 рубл пардохт кунад.

Сафорат метавонад ҳамон лаҳза ҳам шиноснома диҳад ва ҳам подтверждение диҳад, аммо қасдан муҳоҷирро ду бор мефиристад, то ҳар дафъа аз ӯ пул бигиранд. Ин роҳест, ки онҳо барои кандани пули муҳоҷирон сохтаанд.

Ман худам шоҳид будам: вақте барои ариза ва сурат гирифтан ба подвал фаромадам, дидам ду нафар кор мекунанд ва танҳо пулҳои нақд қабул менамоянд. Вақте ариза супоридам, дар рӯи мизи як корманд нишонаҳои «+» бо қаламча гузошта шуда буд. Ҳисоб кардам: ҳамагӣ 39 дона «+» буд, ки дар муддати 3–4 соати кор пеш аз вақти хӯроки нисфирӯзӣ ҷамъ шуда буд.

Акнун худатон ҳисоб кунед, мардум: агар сафорат дар як рӯз танҳо 100 нафарро қабул кунад, ҳар кадом барои ариза 400 рубл медиҳад, яъне 40 ҳазор рубл мешавад. Агар ҳамзамон барои сурат низ 100 нафар супоранд, боз 40 ҳазор рубли дигар ҷамъ мешавад. Ба ин илова, барои ҳар як шиноснома тақрибан 100 доллари иловагӣ мегиранд. Агар 20 нафар барои шиноснома биёяд, ин мешавад ҳадди ақал 2000 доллар, яъне наздики 190 ҳазор рубл.

Дар маҷмӯъ, сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз муҳоҷирони бечора танҳо дар як рӯз аз 400 то 500 ҳазор рубл ҷамъ мекунад! Ин маблағе аст, ки як муҳоҷири тоҷик бояд як сол аз пайи заҳмат кор кунад, аммо сафорат онро дар як рӯз аз дасти муҳоҷирон мечинад.

Устод, дили ман барои аҳволи муҳоҷир месӯзад. Агар полисҳои рус муҳоҷирро азият диҳанд, боз мумкин аст гуфт: «бегона ҳастанд». Аммо вақте худи сафорати Тоҷикистон, ки бояд муҳофизи ҳуқуқи мо бошад, мардумро ғорат мекунад, ин дигар аз ҳадди инсонӣ гузаштааст.

Эй муҳоҷирони азиз! Ин ҳақиқатро бидонед ва чашм пӯшиданро бас кунед. Вақт аст, ки мо ба по хезем ва бигӯем:

«Тоҷикистон ба пеш!»

Тоҷикобод

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракоту!

Ман хеле хушҳолам, ки номаи қаблиамро нашр кардед. Ин бор низ мехоҳам аз дохили ватан чанд воқеаро ба Шумо расонам.

Соли 2021 як барномаи хориҷӣ барои таъмин кардани об ба деҳаҳои Полезак ва Ширинчашма омад. Тибқи ин лоиҳа, қасд доштанд, ки аз дараи шикоргоҳ бо қубури 150 мм обро то деҳаҳо биёранд. Барои ин кор аз ҳар хоҷагӣ 500 сомонӣ ҷамъ карданд. Халқ розӣ шуд ва қариб 100 ҳазор сомонӣ ҷамъ гардид. Ба гуфтаи мардум, барномаи хориҷӣ низ маблағ медод.

Аммо раисии деҳа, Осим, маблағро барои «кандани ҷӯй» низ аз мардум гирифт ва барои як метр 10 сомонӣ ҳисоб кард. Ҳамроҳи ӯ роҳбари лоиҳа бо номи Сироч аз Варзоб ва куратори ҷамоат Каром (аз мақомоти амният) ин маблағҳоро ба даст гирифта, байни худ тақсим карданд. На об ба деҳа омад ва на ҳисобу китоб. Мардум маҷбур шуданд дар ҷои хатарнок бо азоб шланг кашанд, вале ҳатто як қатра об ба деҳа наомад.

Дар ҳамин ҳол, худи Осим баъди ин амалҳо аз кишвар ба Русия фирор кард. Маблағи мардум нопадид шуд, аммо ҳеҷ мақомоти расмӣ назорат накард.

Масъалаи дигар- ҳолати муассисаи тиббии ноҳияи мо. Дар зоишхонаи ноҳия духтуре бо номи Зуҳро кор мекунад, ки ҳамсари дуюми собиқ муовини раиси ноҳия Ҷаҳонгир мебошад. Ӯ борҳо дар вақти таваллуд бо беэҳтиётӣ ва ноухдабароӣ сабаби марги модарон ва маъюб шудани занҳо шудааст. Аммо ҳеҷ вақт касе посухгӯ набуд. Ҳар бор, ки мардум шикоят мекарданд, Ҷаҳонгир онро мепӯшонд.

Имрӯз мардум мехоҳанд, ки ҳадди ақал дар зоишхона духтурони босавод гузошта шаванд, то занон қурбони беаҳамиятӣ ва мастиву беадолатӣ нагарданд.

Инҳо танҳо чанд намуна аз садҳо мушкилоти мардум аст. Бовар кунед, ҳар рӯз дарди дигар ва ҳикояти талхе пайдо мешавад.

Мардум мегӯянд: рӯзе ки инқилоб шавад, ман низ дар сафҳои пеши он хоҳам буд, ин шо Аллоҳ.

Бо эҳтиром, як ҳамватан аз Тоҷикобод

Боздоштгоҳи Краснодар

Салом алайкум бародар Муҳаммадиқбол.

Ба шумо мо, чанд нафар муҳоҷир аз боздоштгоҳи муваққатӣ барои муҳоҷирон дар шаҳри Краснодар менависем. Дар ин ҷо зиёда аз 200 нафар муҳоҷирон аз кишварҳои гуногуни дунё нигоҳ дошта мешаванд.

Бо боварӣ мегӯем: дар байни ҳамаи миллатҳо ягона миллате, ки «бесоҳиб» аст, тоҷик мебошад. Консулгарӣ ё сафорати дигар миллатҳо гоҳ-гоҳ аз аҳволи шаҳрвандони худ хабар мегиранд, аммо аз тоҷик ҳеҷ кас ёд намекунад.

Бар болои ин бесоҳибӣ, боз чанд нафар тоҷикони беимон ҳам ҳастанд, ки барои нишон додани «хушхизматӣ»-и худ ба милисаҳо, аз ҳаммиллатҳои худ пул ҷамъ карда, ба онҳо медиҳанд.

Мисол меорем: озариҳо, арманҳо, арабҳо ва ҳатто сиёҳпӯстон телефонро озод истифода мебаранд. Танҳо тоҷикро маҷбур мекунанд, ки барои як занги телефонӣ 3000 рубл пардохт кунад, он ҳам на бевосита, балки тавассути як тоҷик-худозадае, ки пулро гирифта ба милисаҳо медиҳад. Ҳар тоҷикеро, ки нав меоранд, ҳамин «худозада» маҷбур мекунад 6000 рубл диҳад, то ба милиса супорад.

Ҳолати дигар: вақте сухан дар бораи билет меравад, ҳамин тоҷик аз дигарон пул ҷамъ мекунад, ки гӯё «мо худамон билет мехарем». Аммо бисёр вақт билет намехарад. Бечораро ба фурудгоҳ мебаранд, вале дар номаш билет нест. Мардум маҷбур мешаванд, ки дубора аз Тоҷикистон падару модарашон билет харанд.

Агар 3000 рубл надиҳӣ, телефонатро намедиҳанд. Агар 6000 рубл надиҳӣ, кай рафтанатро намегӯянд. Агар билет нахарӣ, як солу ним ҳам ҳаминҷо дар боздоштгоҳ нигоҳ медоранд.

Номи ҳамин бадгуҳар- Нусрат аз Панҷакент аст. Ӯ бо ҳаромхӯрӣ ва хабаркашӣ аллакай 7 моҳ мешавад, ки дар ин ҷо «нуқра» шудааст. Агар касе бо ӯ ҷанҷол кунад, фавран назди милисаҳо хабар мебарад. Одамеро, ки бо ӯ даргир шавад, сахт ҷазо медиҳанд.

Эй Нусрат,ки зодаи Панҷакентӣ, агар падару модар ё хешу табор дошта бошӣ, бидон, ки мардуми Истаравшан қасам хӯрдаанд, ки дар Тоҷикистон ҳатман туро меёбанд. Он вақт милисаҳои Русия, ки имрӯз аз ту истифода мебаранд, дигар ҳеҷ кумакат карда наметавонанд.

Мо танҳо ҳаминро мехоҳем, ки мардум донанд: як чунин инсон, ки бо номи тоҷик дигар тоҷиконро ғорат мекунад, аз Панҷакент аст. Агар касе ӯро мешиносад, ба падару модараш расонад, ки чӣ гуна фарзанд тарбия кардаанд.

Рӯдакӣ

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракоту, умедворам, ки ин шо Аллоҳ, домуллои азиз, шумо сиҳату саломат ҳастед. Худованд умри дарози пурбаракатро насибат гардонад ва ҳарчи зудтар шуморо бо сари баланд ба Ватани азизамон баргардонад ва аз дасти ин қотилону золимон, дуздону роҳзанҳои ватан, занкушону кӯдаккушони ин ҳукумати худкомаро аз сари қудрат бигирад ва ин золимонро тани бараҳна карда, аз Ваҳдат то Садбарг пойлучу сарлуч кашида шармандавор баранд, то тамоми дунё бинад, ки ҳолати роҳбарони кишварҳое, ки ҳамеша мардуми худро ба ҳалокат меандозанд, чӣ гуна аст. Ҳамин тавр халқ ғазаби худро сабук мекунад.

Домуллои меҳрубон, гуфтаниям ин аст, ки рӯзи 5.09.25 дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Зайнабобод, деҳаи Дарёобод як зан бо 3 фарзандаш кушта шуданд.

Ҳамон шаб зан то нисфи шаб бо ҳамсояаш сӯҳбат дошт. Ногаҳон барқ хомӯш шуд. Зан гуфт: «свети мо мурд». Ҳамсояаш гуфт: «аз мо ҳам». Дар ҳамин вақт дари хонаашро заданд. Зан гуфт: «кадом кас ба хонаам омад». Баъд телефон хомӯш шуд ва тамом.

Ҳамон рӯз зан дар дегдон нон пухта буд ва дегдон ҳанӯз хокистари гарм дошт. Қотилон -ин хоинон, ин золимон, ин бепадарон, ин дарандагон, ин ваҳшиён-ба хона даромада, ин занро бо 3 кӯдакашро ба шакли ваҳшиёна куштанд. Радиои Озодӣ ҳам инро гуфт ва ҳама шунид.

Духтари калониаш, ки синфи 10-ум буд, гӯё барои он кушта шуд, ки мардумро бар зидди шумо барангезад, то мардум шуморо дигар чашми дидан надошта бошанд. Гуё ин духтар бо яке аз ҷавонони «Гурӯҳи 24» гап мезад. Вай намехост гап занад, вале таҳдид карданд, ки агар гап назанӣ, ҳамаатонро мекушем. Духтар тарсид ва гап зад. Онҳо гуфтанд: «бо ӯ гап назанӣ» ва кушта бурда, ба он дегдони гарм андохтанду мисли шашлик гардонданд.

Ҳоло бошад, як дугонаи наздики ҳамин духтарро бурда, аз вай баёнот гирифтанд, ки гӯё духтари кушташуда ба ӯ гуфтааст: «агар дар оилаи мо чизе шавад, бидон, ки моро хоинони ватан куштанд». Агар ин духтар чунин гуфта бошад, пас ҳақ гуфтааст. Аммо чаро ба падараш нагуфт? Инҳо чӣ гуна хонаи ин духтарро ёфтанд? Агар ба дугонаш чунин гуфта бошад, рост гуфтааст. Он хоинони ватани ҳақиқиро гуфтааст, ки онҳо мақомоти одамкӯши режими Раҳмонованд.

Аммо шумо афсонаҳо мекунед, ки гӯё хоинон аз Олмону Фаронса ва дигар ҷоҳо ташкил карданду ин оиларо куштанд. Магар ин оила ягон оилаи бой ё намоён буд? Савол ба шумо, хоинони мардумкуш: чаро ба онҳое, ки тамоми «история»-и бемории шуморо медонанд, дасти онҳо мерасад, аммо шуморо не? Аз нозири минтақа сар карда то вазиронатон, ки ҳама дузду хоинону хунхору одамдузду қаллоб ҳастед, чаро шуморо коре намекунанд? Ақаллан якеро чикоре мекарданд, ки ба ин мардум зулм мекунад, мисли раиси ҷамоат ё раиси маҳалла.

Эй мардум! Вой ба ҳоли шумо, ки ин ҳукумат ҳамеша шуморо ба ҳалокат меандозад ва ҳукуматдории худро пеш мебарад. Ворух тамом шуд, Афғонистонро сар карданд, Помир тамом шуд, гармиро сар карданд, Ленинобод тамом шуд, Кӯлобро сар карданд. Эй мардум, чашмонатонро кушоед!

Он ҷанги шаҳрвандие, ки гузаштааст, ҳамеша ба ёди мо меоранд, то моро тарсонанд. Он ҳама самолётҳои узбекӣ ва тиру танкҳои Русия ҳамагӣ беш аз 300 ҳазор нафарро куштанд, аммо баъди ҷанги шаҳрвандӣ ҳар сол худи ҳаминҳо моро мекушанд. Боз фармон медиҳанд, ки дар Русия ҳам мекушанд, то ҷавонони мо кам шаванд.

Агар дар панҷ сол шумораи кушташудагонро ҳисоб кунем, аз Русия то Тоҷикистон, боз ҳам аз ҷанги шаҳрвандӣ зиёд шудааст. Ман дар ҳамин Тоҷикистон ҳастам. Агар мо нахезему ин хунхоронро аз сари ватан дур накунем, рӯз то рӯз аҳволамон бадтар мешавад. Агар мо хезему онҳо моро ҳам кушанд, пас мо мақоми баланд хоҳем гирифт. Аммо ояндаи фарзандону миллати мо осуда ва тинҷ мешавад, ин шо аллоҳ.

Аз шумо хоҳиш мекунам, домулло Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ҳамин золимону қотилон, бузҳои кӯчагӣ, роҳбарони мактабу донишгоҳ ва мансабдорони ҳукуматиро дар китобат сабт кунед. То вақте зинда мондем, баъди афтодани ҳукумат фарзандони онҳо бидонанд, ки падару модарашон чӣ гуна буданд, ҳамеша онҳоро дашному таъна кунанд. Ҳамаи ин номбаршударо бояд рӯзе дар майдони Шаҳритуз мисли ҳайвонот дар зоопарк гузошта, ҳар шанбе ва якшанбе мардум аз тамоми минтақаҳо ройгон оянду онҳоро тамошо кунанд. Ҳар кӣ ин золимонро шиносад, бигзор бо ҳар роҳе, ҳатто қатл ҳам бошад, қасос гирад.

Домулло Муҳаммадиқбол, ҳаминро ҳам менависам, то номаам такмил шавад. Эй мақомот, шумо ваҳшиён ҷиноят мекунед, вале бе шарм «Гурӯҳи 24» ва Муҳаммадиқболро гунаҳгор мекунед. Шумо худатон мекушеду дигаронро айбдор мекунед. Шумо падарони худро ҳам дар ҷанги шаҳрвандӣ куштед. КГБ равонатонро вайрон кардааст, ки гӯё падарони шуморо хоинони хориҷӣ куштаанд.

Аксариятатон босавод ҳастед. Бубинед: Сангакро, Файзалиро, Ак.Осимиро, Қадриддин Аслоновро, Назарзодаро, КГБ кушт. Фаррухи Дарёободиро ҳам, ки имрӯз дар ҳамсоягии он куштор аст, худатон куштед. Магар касе дигар инҳоро кушт?

Чашмонатонро боз кунед. Имрӯз шуморо афтондаанд: на зан доред, на фарзанд, на мардонагӣ. Ба бозор мебаранд ва ҳатто чи балоҳоеро бар саратон меоранд , чунки падарони шумо бар зидди «пешво» хестанд. Шояд имрӯз баъзе модарону хоҳарони шумо зинда бошанд, ки онҳоро ҳам маҷбур карданд, ки хонаводаи бегуноҳро ба қатл расонанд.

Фардо дар назди Худо чӣ ҷавоб медиҳед? Шумо мардумро мекушед, то номаҳо аз ноҳияҳо кам шавад ва раисони наздик ба «ҷаноб» боз дар қудрат бимонанд.

Ин кушташудагон ҳатто агар 100 сол ҳам умр мекарданд, як рӯз мемурданд. Онҳо бо сари баланд ба биҳишт мераванду мақоми баланд мегиранд. Аммо шумо, ки хешу табори худро мекушед, чӣ ҳоли рӯзе хоҳед дошт?

Шумо «ротаи зудамали касобҳои одамкуш» дар зери назорати ҳамин оила ҳастед. Рӯзе мерасад, ки сирро худаш Худо ошкор мекунад.

Фаррухи Дарёободиро чӣ тавр куштед? Ӯ ҳамсояи Вазири МВД буд. Соли 2012 дар Помир, барои вазифааш, ки аслан аз Каротегин буд, ба ӯ бовар накардед. Гулмурод кушту ба дарёи Панҷ партофтеду ҷояшро гирифт. Давроне дошт, вале дер напоид. Баъд ӯро худатон хиёнаткор баровардед.

Вале ҳама медонанд: равонаш карданд, ки ҷавонон бо роҳи «квота» барои ҷанг ба Сурия раванд. Пули калонро «ҷанобатон» гирифт. Барои сирро набароранд, Гулмурод рафт ва онҳоро безарар гардонд.

Худатон хулоса бароред. Агар вазифа барои шумо мисли «саги авҷарка» истифода шудан бошад, пас медонед, ки чӣ арзиш доред.

Ман дар ин ҷо аз шумо болотар мақом доштам, дидам ва фаҳмидам, ки инҳо чӣ мехоҳанд: мардуми бегуноҳро барои манфиатҳои худ истифода мебаранд. Ба дигар мақомот гузаштам ва аз он ҷо ба нафақа баромадам. Акнун танҳо назорат мекунам. Дилам ба шумо қотилон месӯзад.

Медонам, ки моро меоранд ва дар телевизион нишон медиҳанд, ки «тамошо кунед, мо чӣ кори хубе кардем ва хоинони миллат девона шуданд».

Боқӣ дар амони Худо. Илтимос, инҳоро ҷобаҷо кунед ва чоп намоед, то ба гӯши кари инҳо расад ва шояд андаке ислоҳ шаванд.

Боз салом алайкум, ҳазратҷон.

Баъди тамошо кардани барномаи «Минбари муҳоҷир»№365 мақомоти Раҳмонов 100 градус тоб хурданд, гуфтанд, ки мо бояд ҳақиқатро бигӯем ва рӯшан кунем. Як ҳамсояашон, ки аз хешу таборонаш аз Абдураҳмони Ҷомӣ омада буд, бо он зан робита дошт. Байнашон ҷанҷол шуд бо духтараш, ки дар синфи 10 мехонд. Инҳо шабона омада куштанд. Ҳоло ҳамон ду нафарро дастгир карданд, вале боз аниқ нест, ки бо тӯҳмат онҳоро ба додгоҳ мекашанд ё не. Ин касе, ки аз Абдураҳмони Ҷомӣ омада буд, худаш туремчик буд. Лекин ҳазратчон, ман фикр мекунам, ки ҳамин номи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фақат як «парол» истифода шуд, то мардумро гумроҳ кунанд.

Ин бечораи камбағал, ҳаққатан туремчик буд. Бечораи камбағал барои дидорбинӣ назди апааш омада буд. Апааш ҳамсояи ҳамин кушташудаҳо будааст. Вақте ки сир баромад ва шумо онро дар барнома ошкор кардед,ки инҳо мехоҳанд ин туҳматро ба мухолифон кунанд инҳо «план Б»-ро истифода бурданд ва он туремчикро қапиданд. Гуфтанд: ту куштори инҳоро кардаӣ ва болои ӯ бор карданд.

Апааш бо ин сагҳо мунокиша мекард. Онҳо бошанд ҳатто барои ин муноқиша, бачаи синфи 10-ро дар ин ҷиноят айбдор карданд. Ҳамин тавр онҳоро бурда, барои ҳарду «дело»-и ҷиноятӣ кушоданд.

Ҳоло бошад, аниқ нест: мумкин то пагоҳ боз бо тактикаи дигар пеш гиранд. Ҳамеша вақте дар дохил дар мақомот мо ҳастем ҳатман нақшаҳояшонро ба шумо мерасонем. Мо корамонро идома медиҳем ва ҳар нақшае доранд ба Ислоҳ мефиристем.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №279 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №224
Вақте аз тарафи масъулину маъмурин дар манотиқ ба мушкилоти мардум расидагӣ сурат намегирад, мардум ноилоҷ ба мақомоти болоӣ ва додситону додгоҳ муроҷиат менамоянд. Аммо вақте худи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ лоқайдиву бетафовут нишон медиҳанд, онҳоро ба кӣ ва куҷо кашонд. Ҳозир барои як справкаи оддӣ то пул надиҳӣ яъне пора надиҳӣ моҳҳо медавонанд. Аммо боз ҳолатҳое ҳаст, ки ин масъулини порахур, махсусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд инсофу одамиятро муроот кунанд.

Номаи зер аз Перми Русия, аз тарафи сесад нафар тоҷики зиндонӣ фиристода шудааст. Ин маҳбусон дар ҳолати УДО, раҳоии шартӣ қарор доранд. Аммо справкае, ки аз Тоҷикистон бояд биравад ва онҳоро аз зиндон раҳо созад, фиристода намешавад. Чаро?

Перм

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мо, ростӣ, дар чанд расонаи Тоҷикистон ва идораҳо ин номаамонро фиристодем, то мунташир кунанд. Аммо нашр накарданд ва ҳеҷ посухе ҳам нашунидем. Барои ҳамин мо бо ҳазоруяк умед ба «Ислоҳ.нет» мефиристем, то чоп кунед ва доди мо ба гуши мақомоти тоҷик бирасад.

Ман ва беш аз 300 нафар дар колоннияи ислоҳии низомаш сангин (строгий режим) дар шаҳри Перми Русия қарор дорем. Мо муҳлати адои ҷазоямонро ба поён расондаем ва ҳоло дар марҳалаи УДО (условно-досрочное освобождение) -ҷавоб шудан аз ин зиндон қарор дорем. УДО-раҳоии шартӣ ва пеш аз муҳлат як шакли қонунии озодшавии маҳкумшудаҳо ҳаст, ки на фақат дар Русия, дар худи Тоҷикистон ҳам татбиқ мешавад.

Дар ин шабурузҳо, ки барои мо сахту сангин тай мешавад, масъулони ин зиндон аз мо якчанд справка талаб карда истодаанд, аз ҷумла аз ҷамоати ҷои зист ва аз раиси маҳалла характеристика-хислатнома талаб карда истодаанд. Ин ҳама справкаҳоро бояд ба як идорае, ки ба Вазорати адлия тааллуқ дорад ва дар қафои управленияи ГАИ дар суроғаи кучаи Ҷаббор Расулов, дом 69 ҷойгир аст, дар асоси талаби сардори колонияе, ки мо инҷо мебошему адои ҷазо мекунем бурда додан лозим аст. Бояд ин идора ҳама справкаҳоро ҷамъоварӣ карда ба муассисаи ислоҳии Перм, ки мо ҳузур дорем, фирстонад, яъне ҷавоб гардонанд. Аммо мо то ҳол аз онҳо ҷавоб нагирифтаем, ки дар асоси УДО ҷавоб шуда ба ватан равем. Гап дар сари он меравад, ки дар он идора як майор бо номи Зайниддин Ватанзода кор мекунанд. Вақте хешовандони мо спаравкаҳоро мебаранд майор Зайниддин Ватанзода аз онҳо пул талаб мекунад. Мегуяд, ки бо дуо кор буд намешавад. Агарчи наздикони мо пул ҳам додаанд, аммо 8 моҳ мешавад, ки ҷавоб нест. Охир чаро то ин андоза нисбати мо зиндониҳо бе тафовутанд ин мақомотҳои мо?

Бародари азиз Муҳаммадиқбол. Мо тавассути расонаи шумо ба мақомот расониданием, ки то кай ин бедодгариҳо ва ин ҷабру зулм ба охир мерасида бошад? Рақами телефони Зайниддин Ватанзода 93..0202 (мо се рақами миёнаро нанавиштем вале дар дасти Ислоҳ комил ҳаст) Барои онки ҷавоб гардонанд ва он справкаҳоро равон кунанд, аз хонаводагони мо маҳбусоне, ки дар Русия ҳастем 550 сомонӣ пурсида истодаанд. Пулро гирифтааст ин майор Ватанзода , аммо маълум нест, ки санадҳоро кай мефиристад? Чунки агар мефиристод, мо кайҳо дар ватан, бо назди наздикони худ будем.

Бовар кунед, ки дар ҳамин зиндон ҳам аз ҳама халқи бепуштупаноҳ халқи тоҷик аст.

Ps: Умедворем Мансур Умаров ва вазорати Адлия ин қазияро ло ақал дар ин моҳи муборак оҷилан анҷом медиҳанд агар имон дошта бошанд. Аммо агар имон надошта бошед ло ақал инсон ҳастед?

Ваҳдат

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз шаҳри Ваҳдат бароятон ин номаро ирсол менамоям.

Дар аввал дар бораи Вайсиддин Давлатзода, сармеъмори Ваҳдат гуфтаниам. Баччаҳо гуфтанд, ки аз Душанбе омада кору амали Давлатзода Вайсиддинро тафтиш карда истодаанд. Аз Генпрокуратура ва аз Агентии зидди коррупсия. Тамоми домсозҳо ва корҳои ғайриқонунии онҳоро тафтиш карда истодаанд. Ҷинояти зиёдро ошкор ва маълум намудаанд. Барои мисол яке аз ҷиноятҳои мудҳиши онҳо ин аст ки барои сохтмони доми  6 ошёна иҷозат гирифта аммо аммо то 9ошёна бардоштаанд. Комиссияи қабул қабули иншоот кардагӣ аст. Масалан ошкор карданд, ки барои сохтмони бинои панҷошёна иҷозат гирифта аммо доми 7ошёна сохтаанд. Ва даҳшатовар ин аст ки комиссияи давлатӣ қабул кардааст. Яъне дар домҳо ду- се этаж иловагӣ сохтаанд, ки ягонтоаш ба меъёр ҷавобгу нест. Дар Ваҳдат проверка сахт рафта истодааст. Умедвор мешавем, ки ин тафтишот ҷинояткорони бо ҳаёти инсонҳо бозикардаро ба кайфари аъмолашон хоҳад расонд.

Карими ДЭУ, ки аз вазири дохилӣ спетсталон дошт, спестталонашро аз дасташ гирифтаанд яъне ончи дар барномаи пеш нисбаташ навиштем дар Ислоҳ таъсири хубе дошт.

Дар бораи Илҳом Бобоев, собиқ зиндонбони Душанбе ҳам дар он нашри барнома дар бораи Ваҳдат гуфта будед. Панҷ -шаш сол пеш вақте ки дар Русия дар тюрмаи занонаи Норак кор мекард. Шумо пештар дар барномае, ки ба шаҳри Ваҳдат ихтисос дода будед дар борааш гуфта будед. Онҷо аз болои вай як зан шикоят карда буд  ва дар онҷо ӯро аз кор мегиранд. Ҳозир дар Якум Советский кор карда истодааст. Он вақтҳо қаторӣ буд. Дипломи статтехникуми Ваҳдатро пул дода гирифтагӣ аст. Ҳозир чи рутба дорад намедонам. Ҳеҷ ҷоро хондагӣ нест. Дар бораи Давлатзода Вайсиддин инро бояд бигуям, ки дар Генпрокуратура гуфтаанд, ки касе инро ба «Ислоҳ» навиштааст 100% навистааст ва ҳамааш дуруст аст. Чанд бор шуд даъват карда пурсида истоданд. Дар ҳақиқат барои ҳама савол аст ки  хоҳари вай аз куҷо онҷо замин гирифт, ки заминҳо онҷо нархаш 20.000 30.000 доллар боло аст. Дар номи онҳо замин харидааст. Ана ҳамин хел айни замон тафтишот пурра рафа истодааст.

Дар пеши хонаи мо як детский плошадка буд, кудакҳо баромада бозӣ мекарданд, аммо ҳоло саҳна ва замини инҷо фурухта шудааст. Ба ҳадде тангу маҳдуд карда истодаанд, ки намедонӣ мошинатро дар куҷо бимонӣ. Ваҳдатро ҷазиру хароб карданд. Дар қади роҳ домҳо сохтаанд ва ин гуё ободӣ бошад. Аммо дар асл ин бизнес аст, ба ободӣ рабт надорад. Ягон тартибу низом вуҷуд надорад, техникаи бехатарӣ тамоман риоят нашудааст. Аммо, мо мардум худамон аз пули худамон роҳу мактаб таъмир мекунему бунгоҳи тиббӣ месозем. Ҳамаашро халқ худаш мекунад. Вале ба шумо ва «Ислоҳ» ташаккур мегуем, ки баъди нашри номаҳои мо тафтишот дар Ваҳдат ба таври ҷиддӣ рафта истодааст. Ваҳдатиҳо ба «Ислоҳ» нависед ва натиҷаро бо чашмонатон бубинед!

Вахш

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Дар ноҳияи Вахши мо ҳама чиз баду бадтар аст. Ман ҳар он чизеро мегуям, ки фақат худам дидаам. Корҳои ғайриқонунӣ ва порагирӣ дар ин ҷо аз тарафи худи мақомоти давлатии бисёр шуда истодааст.

Масалан дар наздикии деҳаи мо ҳар ҳафта бидуни танаффус, бепрогул моҳиҳоро бо ток- барқ мезананду мегиранд. Ҳафтае 2 бор рӯзона ва ду ё се бор шабона. Инро ҳама мардуми Дуканала, яъне ҳамон 70гектара медонанд. Ягон нафарро намемонад, ки сурат бигиранд ё ки видео бардоранд. Чунки ин шикорчиёни моҳӣ, ки мардум моҳизанҳо мегуянд кормандони худи мақомоти давлатӣ ҳастанд ва ҳатто таҳдид ҳам мекунанд, агар видеояшон кунӣ. Мо мегуемашон, ки чаро ин моҳиҳоро ба ток мезанед, аз рӯйи қонун манъ аст ба ток моҳиро задан.

Дуруғро руирост мегуянд, ки «ту братишка дидӣ, ки ягон каса ,ки моҳиёро ба ток, барқ қати бзана»? Мегуем, бале, ҳар ҳафта шабу рӯз аз 4 то 5 соатӣ шумо мезанед, ку. Дар ҷавоб мегуянд, ки бале, аммо каме хато кардӣ:-« иҷа як мо нестем иҷада чанд кругай, масалан, одамой началник милитсияи Вахш Истамзода Машраф Истамӣ ва прокуратура, сеюмиш одамой судай ва чорумаш военкомат».

Хуласи гап дутоаш вазнин аст, аниқтараш аз началник милитсия. Онҳо дар ҳамаи каналу заҳбурҳо фақат бо ток моҳиҳоро мезананд. Бе ягон раҳму шафқати инсонӣ.

Ба ягон кас ва дар ягон ҷо арзу шикоят карда намешавад, бе фоида аст. Масалан ман участковийи минтақавии ҷамоати Ваҳдат, совхози Вахшро гуфтам, ки «моҳиёро қариб ҳаррӯз шаб ё ки руз мезананд». Участковий маро гуфт,ки номерҳоямро гиру занг зан «ма миём меқапумша». Гуфтам гап нест. Иттифоқан дар ҳамон шабурӯз моҳизанҳо омаданду моҳӣ заданд. Ман ба участковий занг задам. Вай маро ҷавоб дод, ки мо вақт надорем ва моро дигар занг назан.   Бародар Муҳаммадиқбол. Дар ноҳияи мо ин корҳо рушод аст ва нотарсида  моҳиҳоро зада истодаанд. Ман далел дорам, омада аз мардуми деҳаи мо пурсанд. Ҳатто аз кудакон пурсанд, ҳамаро мегуянд, ки моҳизанҳои асосӣ кормандони худи мақомоти давлатианд. Шабу рӯз ҳам аз канал ва ҳам аз заҳбурҳо моҳиҳоро бе раҳмона мезананд. Чунки ин ноҳия ноҳияи бесоҳиб аст.
Нуробод

Ассалому алайкум домуллои азиз Муҳаммадиқбол! Номаи моро, ки аз ноҳияи куҳистонӣ ва дурдасти Нуробод бароятон роҳӣ мекунем, илтимос нашр кунед. Ман, барои онки нафарони порахурро ошкор ва маълум намоям сахт ҷустуҷу кардам. Ин порахурҳо дар тамоми мақомот кор мекунанд.

Дар Нуробод раис нав шуд, Фатҳиддин Солеҳзода, аз деҳаи Тегирмӣ. Мегуянд, ки ин вазифаро ба вай Рустами Эмомалӣ бепул додааст. Вазир омад ҳамаи мақомотҳоро хабардор кард, ки ин шогирди Рустам мебошад:-«ягончи ғамаш натен», яъне амнияту прокурору дигарҳоро таъкид кард.

Яке аз порахурҳои ашадии Нуробод Эшонов Забеҳулло, раиси Идораи шуғли аҳолӣ аст. Вақте пешаш барои замин меравӣ мегӯяд: «раҳ мегардӣ туфлиё медран». Мегуӣ, ки «раис пули туфли ҳалай». Мегуяд:  «туфлиёй ма 15 ҳазор сомонӣ».

Ин миқдори пул, яъне пора фақат барои замин. Аммо дар ноҳияҳои дигар   Файзободу Турсунзода бошад боз нархаш боло меравад- 35ҳазор сомонӣ мешавад, нархи туфлиҳо.

Боз дар бораи як порахури дигар. Ин порахур Беҳрӯз ёрдамчии суди Нуробод аст. Вақте ҷарима месупорӣ ё барои ЗАГС меравӣ, мегӯяд –«хизмати мо 1500 сомонӣ». Аввал пулро мегирад, бад чекро менависаду Амонатбанк равонат мекунад ва мегуяд, ки рав супор. Агар ҷаримаат 50 ҳазор сомонӣ шуда бошад, мегӯяд «3500 те 30 ҳазорш мекнм»

Дар зоишгоҳи ноҳияи нав Шафоатова Заринаи русак ҳаст. Вақте хонуматро мебарӣ ба ин таваллудхона ва маълум аст, ки барои зоймон ҳоло вақт ҳаст, аммо меояду мегуяд, ки касалро оператсия кардан даркор, чунки камоб шудагӣ.

Ин Зарина барои як справка, ки ба ҷамоат барои шаҳодатномаи таваллуд пешниҳод мекунӣ 150 сомонӣ мегирад. Агар дар он рӯз иттифоқан кораш дар ҷойи дигар ғалтад мегуяд пагаҳ биё. Меравӣ, мегуяд, ки боз 150 сомонӣ бидеҳ. Вақте ба Зарина мегуӣ, ки аз болои ин корҳоят шикоят мекунам, мегуяд амният: «одамой худмай фалонатон мекунад». Муддати 19 сол мешавад дар ин роддом раис аст. Хуни мардуми Нурободро хурда истодааст.

Илтимос муҳтарам Солеҳзода, раиси нави ноҳия. Масъалаи Заринаро бинед. Зарина мегуяд, ки агар зур набошам шавҳарам дар фирмаи Фароз кор мекунад. Барои фирмаи Фароз дар болнитсаи Нуробод шавҳари Зарина хун мегирад. Мошини пеши пеши Нуробод дар зери пойи вай аст. Яке аз порахурони Нуробод аст. Анализгири Фароз аст. Шавҳараш дар лабараторияи Фароз кор мекунад, хун мегирад. Паролашон вақте меравӣ «гулакоро барой мактаб» аст.

Дар бораи Зокир аз деҳаи Қаланаки Нуробод.Ин одам барои мардуми Шашволон Тутхор, Сайдон, Лангар, Тегрми, райони кӯҳна билети ҳарбӣ медиҳад. Дар ҳоли ҳозир аз болои корҳояш тафтишот рафта истодааст. Аммо гуфтанд, ки коррупсияро пул дода хап кунондааст. Аммо пули аз мардум гирифтааш барои военний билетро пас доданӣ нест. Аз Шашволон аст. Пули шаҳрвандонро гирифта корашонро буд накардааст. Кораш фурӯши военний билети фалшивий аст. Бо он фақат дар Нуробод гашта метавонӣ, тамом Агар Роғун рафтӣ ё Файзобод военкомат қапид ҷавоб намедиҳад. Нархи он военний билет 23 ҳазор сомонӣ аст. Рутбаи  Зокир прапорчик аст. Дар соли 2024 дар Нуробод корманди 6 -ой шуд. Ними мардуми Яхакро дар ноҳияи нав хона доданд. Вақте як бизнесмени райони навро тахта меоварадн барои хонаҳои ин мардуми камбағали Яхак амнияти Нуробод меояду бегоҳ ҳамаи тахтоҳоро мебарад ба шуъбаи амният. Мардуми Яхакро таҳдид карда мегӯяд «агар якҷойда ин гапро гӯён, ҳаматона падвали амният мебарм, якта- якта мешканантон, хап кнен, шумора мардуми камбағал тахта мумкин нестай, кунда монед тори киршада» Ва ҳамин тавр мазоҳу масхара мекунад амнияти Нуробод. Ҳозир дарди сари мардуми Нуробод шудааст.

Ин 6-ой отделаш бошад, агар камтарак риш дорӣ, фарёдат мекунанд ва ончунон ҳақорату дашном мекунанду мезананд мардумро, ки доду фарёдашон дар фалак мепечад. Амният барои масҷиди деҳаи Тегрми дар соли 2024 аз хатиб 15ҳазор сомонӣ гирифт ва баъд масҷидро кушод. Хатиби Нуробод аз Тегрми, аз ҷои Солеҳзода Фатҳуддин мебошад.

Муҳтарам раиси Нуробод аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ҳар вақте барои замини ҳавлӣ таксимот мешавад, коргарон оиди тақсимоти ҷамоат, шуғли аҳолӣ ва дигар сохторҳо пора гирифта баъд кори мардумро буд мекунанд. Порагирӣ дар авҷи баланд аст дар Нуробод. Шумо раис пора гирифтанро дӯст намедоред, ман шуморо хуб мешиносам.

Дар ҷамоат барои ҳайати оила, ҷои истиқомат барои справка меравӣ, ба котиби ҷамоат Гулчаҳон 15 ё 20 сомонӣ медиҳӣ баъд справка медиҳад. Пеши раиси ҷамоат медароӣ ҳамроҳат дуруст гап намезанад. Раиси ҷамоат аз Тегрми, бачаи Бег светавой аст як бор бинед ҳамин ҳолатҳоро.

Мӯҳтарам Солеҳзода гап-гап аст ки бачаи холаатро вазифаи нав медиҳӣ- Оятуллои такача. Оятулло ҳамроҳи бародаронат гӯш кун. Дар заводи пенаблок коргарҳоро хар воре кор мефармоеду пулашонро дер медиҳед, барояшон обед намедиҳед. Се бригадир дар болои 6 коргар. Мардуми Нуробод кор намекунад, аз  Қумсангиру Қабодиён одам мебиёрӣ, кор мекунанд. Як моҳ кор мекунанд, азоб медиҳед, коргарҳоро раҳм кунед.

Аз Солеҳзода Фатҳуддин хоҳиш мекунем, ки масъалаи ин порахурҳоро бинад.

Айни замон бачай тағояш Сайраҳмони шикамба вазифагир ҳаст. Бисёр одами пора гири пулдустдор аст. Худи раис медонад, ки чи хели одам аст. Лекин тағояш Сайъазам маҷбураш дорад, ки писараш-яъне Сайраҳмонро вазифа диҳад раиси нав. Феълан Сайраҳмони шикамба директори мактаби якуми Нуробод аст.

Камолзода Мадина Тоҳир, судяи Нуробод рӯзи дароз инстаграм тамошо мекунад ва ягон мушкилоти мардумро намебинад. Дар ҷойи вай корашро котибаш мекунад. Чанд бор рафтам Мадина Камолзодаро дар ҷойи кораш наёфтам. Нигоҳ мекунам Мадина дар кабинети котибаш инстаграм тамошо дорад.

Турсунзода(Регар)

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Мо фақат метавонем ба шумо нависем ва шумо ҳам чоп мекунед. Чунки дар дохил ҷойи табъу нашр надорем. Тамоми матбуоти мо ба гапи мақомот кор мекунанд. Ягонтоаш барои мардум кор намекунад. Ман дар бораи бебандубориҳо дар соҳаи барқи Турсунзода маълумот медиҳам. Сармуҳандиси идораи барқи Турсунзода Усмонзода Файзалӣ ном дорад. Ин одам қувваи барқ-светро ба одамҳои бой мефурӯшад.

Ин одамҳои бой дар деҳаи ангурфурушҳои Регар зиндагӣ мекунанд. Инҷо ҳама бойҳо ҳастанд. Қишлоқи ҳоҷӣ Неъмат. Ангурфурӯши пешипеш. Дар қишлоқи инҳо 24 соат барқ ҳаст ва дар инҷо касе аз лимит ва светкушӣ хабар надорад. Чунки киловати неруи барқро 60 дирамӣ харида истодаанд. Яъне ду баробар қимматтар аз нархи муқарракардаи давлат ба аҳолӣ. Ин лаънатии Файзалӣ Усмонзода барқи барои шаҳри Регарро ба ҳамин ангурфурӯшҳо фурӯхта истодааст. Инҳо  яхдонҳои калон барои нигаҳдории ангур доранд.

Ҳоҷӣ Неъмат ҳамоне аст ки Раҳмонов ҳар сол аз токзори вай дидан мекунад. Ин Файзалии сармуҳандиси барқ кораш фақат бизнеси барқи барои Регар пешбинишуда аст. Камбағалҳо дар азоб, аммо барои бойҳо свет таъмин карда мешавад. Дар ҳамин моҳи мубораки рамазон ҳам барқамон надоданд ва хеле дар азобем.
Тоҷикобод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мо мардуми Ширинчашмаи ноҳияи Нуробод шуморо дӯст медорем. Худованд ту ва аҳли оилатро нигоҳ дорад. Ман аз ҷамоати Ширинчашма менависам. Хоҳишу илтимос аз шумо ҳамин ки номаи моро чоп кунед.

Дар ин ҷамоат Иброҳимов Ориф раис аст. Ин синаш хурд ва ҷавони корнодида ва корноозмуда аст. Барои ҳамин мисли саге, ки дар руи ях сар медиҳанд, намедонад куҷо давад. Ин одам мардуми моро сахт азият карда истодааст. Мо маҷбур шудем, ки қалам ба даст гирем. Ва аз корҳои ин кудак бароятон бигуем. Инҳо як авлоди калон аз деҳаи Полезак бо фамилияи Иброҳимов ҳастанд. Тамоми заминҳои хубу ҳосилдеҳи ин ҷамоат дар дасти ҳаминҳо аст. Падараш Мирзовалӣ ва модараш Тоҷиниссо, бародари калониаш Муҳаббат корманди соҳаи тиб дар Душанбе аст. Рутбаи майёрӣ дорад. Бародари дигариаш Низом Иброҳимов раиси қишлоқ аст. Ориф хурдиаашон аст. Ин Ориф барои мардҳое, ки марданд, на бузу чоплус бисёр номардиҳо мекунад.

Дар масъалаи танзим мисол меорам. Агар сардори танзим Мираков Меҳриддин ҷавобгу бошад, не, баракс ин бузи Ориф худашро мекашад. Инро Худованд ҳидояташ кунад. Вагарна ин худобехабар барои халқи мо санги сари роҳ шудааст.

Дар масъалаи заминҳо мардумро ҷон бар лаб кардааст.

Мардеро дидем, ки участкаи наздиҳавлигиашро, ки забораш бо сад заҳмат обод шуда буд бо погрузчик ба замин яксон кард. Агар бовар накунед ин навор дар Ютуб ҳам ҳаст ва чарх мезанад. Илтимос бародари роҳи Ҳақ. Мо медонем ва аз худои мутаол орзуи онро дорем, ки  ин номаро аз забони ширини шумо бишнавем дар пойгоҳи «Ислоҳ» ва шояд ин сагча аз ин роҳаш даст кашад.

Ин шо Аллоҳ рӯзи озодии миллат наздик аст. Ба ғайр аз бузҳо. Ин бузҳо одам  ва аз миллати мо нестанд. Инҳо аз ҷинси шайтон мебошанд.

Мо мунтазири нашраш ҳастем. Тоҷикободиҳо аз Русия

Нуробод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз Кабудҷари Нуробод мебошам.

Эшонов Забеҳулло, раиси шуғли аҳолии ноҳияро барои замин наздаш рафтем.

Гуфт, ки дар Файзобод тақсим мекунад ва афзуд, ки ман вақте хизмат мекунам роҳ мегардам туфлиҳоям медарад,бояд туфлии нав харам ва бо ин тарз ҳақашро мегӯяд:- 15 ҳазор сомонӣ ва пешакӣ мегирад баъд коратро мебинад. Агар надодӣ, корат ҳал намешавад. Ростӣ мо он қадар пул надоштем. Одамҳои пулдор заминҳоро гирифтанд камбағалҳо монданд. Бояд замин барои онҳое, ки зери оби ГЭСи Роғун мемонанд бепул бошад. Аммо ин раисҳо пулакӣ кардагианд. Аз ин раиси нав хоҳиш дорем, ки масъалаи тақсимоти замин барои деҳаҳое, ки зери ҳавзи Роғун мемонанд бепорагирӣ ҳал кунад, одамҳои камбағалро кормандони давлат ба назар гиранд.

Ҳозир дар Нуробод раис нав шуд ва байни мардум зуд овоза шуд, ки Солеҳзода Фатҳуддин раиси нав шогирди шоҳписар Рустами Эмомалӣ аст.

Тағои ҳамин раиси нав Эшони Сайаъзам ном дорад. Як рӯз дар як ҳашар будем, ки ин гапҳоро мегуфт, ки ҷиянамро шоҳписар бе пул раис монд. Фалонашро хӯрам шоҳписаро, власт дар дасти мо дар Нуробод, кадомеро вазифа мефорад ҳе гуед. Ҳамин тариқ эшони Сайаъзам воҳима карда дар Кабудҷар, дар раёйони куҳна гаштаст.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №224  появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№189
Соҳаи тандурустӣ, ҳифзи сиҳати омма дар Тоҷикистон низ олуда ва ғутида ба фасод аст. Ҳиҷ табибе бидуни гирифтани «ҳақ» ҳатто тарафи бемор нигоҳ намекунад. Мутаассифона ватани моро ин режим пурра ба фасоду ришват олуда кард.

Духтурҳо ба шахси бемор на ҳамчун бемор, балки ҳамчун муштарӣ муносибат мекунанд. Муштарӣ пули бештар диҳад бемори асосии духтур ҳамон мешавад. Вале агар пулаш кам ва аз тоифаи нодори ҷомеа бошад, духтур муносибаташ бо вай сардтар мешавад. Муаллифи номаи аввал беморхонаро ба бозор шабоҳат додааст, ки воқиан ҳам мувофиқ аст:

Ҳамадонӣ

Ассалому алайкум  бародари шуҷоъу далер Муҳаммадиқболи Садриддин!

Парвардиор умри ҳазрати Нуҳ алайҳисалом диҳад ва дар роҳ мубориза доимо устувор бошед. Ман аз ноҳияи Ҳамадонӣ бароятон менависам. Ҳар вақте фарзандҳо бемор мешаванду ба беморхона меравам, валлоҳ мегуӣ, ки  беморхона неву бозор рафта бошам. Барои мисол духтури кудакона Ҳакимов дар якум этаж якум кабинет дасти рост, бурутҳояш паҳнкардагӣ, аз ҳаромхурӣ чени фил шудааст. Дар пеши таксиҳои Ҳамадонӣ-развилка, аптека дорад. Вақте дорухатро менависад, таъкид мекунад, ки «бра дорувора ай ҳамуҷа гир». Бо духтур Нуров доду гирифт дорад. Агар рентген карданӣ бошад, кудакро пеши ҳамон роҳӣ мекунад. Дар коғаз менависад, ки аз ҳамин чанд сум бигир. Бо ҳарфҳои морморак менависад, фикр мекунад, ки мардумсавод надоранд. Барои мисол дар коғази мо 80сомонӣ навишта буд. Аз руи қоида кудакҳои хурди то яксола бе пул аст. Пеши кадом духтур наравӣ, мегуяд, ки даҳ сомонӣ, бист сомонӣ бидеҳ. Магар инҳо маош намегиранд? Ман ҳайрон мешавам. Мардуми бечора сум надорад. Як рӯзи сиёҳе дорем мо мардуми оддӣ ва камбағал. Духтури гуш дуюм этаж, се нафар дар як кабинетанд. Фамилияҳояшонро намедонам.

Шифохонаро ду тақсим кардаанд. Бояд ки анализҳоятро дар лабораторияи Фароз супорӣ, дигар ҷо намешудааст. Зури мо ба Фароз намерасад. Як даҳшат аст. Ақалан дами раҳи ҳаминҳояшро камтар бигиред.

Барои оби хонаи мо ва ҳамсояҳо счочик заданд. Нархаш 120 сомонӣ. Бо зури мечаспонанду суматро мегиранд. Ҳамин шуравӣ чени шумо ақл надошт, ки то ҳаминруза начаспонд?

Эй, фермаи ҷавоб! Вақте ҳамин нома пахш мешавад шумо беғайратҳо дар комментҳо хоин гуфта ҳарчи нанависед. Тамоми давлатҳо мухолифин дорад. Лекин тоқа ҳамин шумо бекалаҳо мухолифонро террористу экстремист баровардаед. Як давлати дигарро нишон диҳед, ки мисли шумо мухолифҳоро ҳаминхелин бигуяд, он вқт ман тамоман наменависам. Эй, худкушҳои бегонапараст. Шумо пагоҳ дар назди Аллоҳ чи ҷавоб медиҳед? Ҳақиқатро гуфта наметавонед, ақалн дахолат накунед. Агар  барои бародар Муҳаммадиқбол пул даркор бошад, даҳҳо бор мақомот пул пешниҳод кард, ҳамонро мегирифт, хап мешишт. Аммо аз ҷонаш гузашта баромада барои бародарҳои мусалмони худаш дифоъ карда истодааст. Эй, мардуми тоҷик, ҳама медонад, ки шумо чи хел бағайрату баор ҳастед. Ин гапи ман дар ҷанги қирғизу тоҷик тасдиқи худашро ёфт.

Аз мурдан наметарсед, аммо аз ҳақи худ дифоъ кардан метарсед. Яке туҳмат карда падар ё модаратро ба пулис даъват карда таҳқир мекунанд. Куҷоянд ҳамон 63 депутат? Чаро дар ягон расона баромад намекунанд? Аз ҳақи мардум дифоъ намекунанд. Барои чи ба мардум хидмат намекунед? Шуморо ҳам мисли ҳамон Усмонзода говсуд кунанд, баъд мардум мешиносад шуморо, ки депутат дошта будаам. Як вазир даҳ хона дорад. Барои чи бачаи як вазир дар муҳоҷират нест? Барои чи набераи як вазир дар хидмати аскарӣ нест? Ватан тоқа ватани бачаи камбағал аст? Агар ҳамин хел  бошад курсиҳоро холӣ кунед. Мо аз шумо безор шудаем инро медонед!

Барои мардум маълумот бидиҳед, ки ин қадар сарватҳои зеризаминӣ куҷо шуд ва куҷо мераванд: ангишт, тилову нуқраву симоб, сангҳои лоҷуварду алмосу лаъли Бадахшон ва дигарҳояш куҷо мешаванд? Бароед маълумоту ҳисобот диҳед. Дар ҳамин даврони истиқлолият мурдаи бачаи кадом вазирро аз хидмат ва ё муҳоҷират оварданд? 100 вазир зиёд аст. Бачаҳои онҳо бача будаанду бачаҳои мо тухми ҷоруб? Барои чи дар деҳаҳо светҳоро мекушанду дар хонаи вазирҳо чароғон? Чи вазир гуфта калаи шер овардааст? Вазир шуд бояд ҳақи мардумро бихурад? Ва бо чаҳор Ландкрузер бигардад? Тамоми номаъқулиҳоро бачаҳои вазирҳою раисҳою муовинонашон  мекунанд. Ҳама дар даҳонатон об мегиреду хапед. Ақалан даҳ рӯз маҳкамашон намекунед.

Далери Эмомалӣ баромад гуфт, ки як прокурор ё раиси ноҳия чи хел бо як маош БМВ ё мерседеси 50-60 ҳазор долларӣ мехарад, ягонтоат ҷавоб наёфтед, зуратон омаду туҳмат карда бурдеду маҳкамаш кардед. Шумо аз гуфтан ва шунидани ҳарфи ҳақиқат сахт метарсед. Чаро? ки ба гуфтаи мардум таги думатон тар аст.

Тоҷикобод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ин номаро аз Тоҷикобод мефиристам. Нома дар бораи Тоҷикобод аст, аммо худам  дар яке аз шаҳрҳои Русия ҳастам. Муҳоҷири меҳнатӣ. Аз деҳаи Капали ҷамоати Қалъали лаби об. Дар бораи зулми як нафар болоии мардуми деҳа мехоҳам нависам.

Шумо дар чанд наворатон гуфтед, ки агар ҳато бародарам зулм кунад, ман онро мегуям. Барои чи ин суханро инҷо ёдовар шудам? Зеро ин шахс номаш Ваҳҳобов Мустаон бародари як нафар одами шинохта. Бовар дорам шумо ҳаммешиносед. Он нафар як вақтҳо дар Наҳзат фаъолияти расмӣ дошт. Шарт нест номи ӯ дар ин матн ва ё навор гуфта шавад. Зеро намехостам номи вай ба хотири додари хунхораш сиёҳ шавад. Аммо дар бораи додараш ногуфта наметавонам.
Маълумот:

Ваҳҳобов Мустаон Илёсович 20 августи 1974 ба дунё омадааст. Зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Капали ноҳияи Тоҷикобод аст. Маълумоти олӣ дорад. Шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.   Шахси босавод аст. Дар баробари ин ҳилагару маккор аст. 2 писар дорад:- Абдулло ва Порсо.
Пеш муҷоҳиди шайх буд. Баъди ҷангҳо аз солҳои 2000, 7-8 сол директори мактаби ҳамин деҳа буд. Аз ҳисоби ҳукумат ангишту орду равған ҳам барои хонандагони то синфи 4 ва ҳам барои «помощ»-и ҳамин деҳа меоварданд. Ончунон ғорат мекард, ки ҳатто фарзандонаш ки он вақто хурд (7,8,9- сола) буданд, дар куча мегуфтанд ки мо ҳаргиз орд ва ангиштро аз бозор намехарем.
Мисли аждаҳори калони Тоҷикистон (яъне Раҳмонов).

Се бародарашро дар гирдаш ҳамчун муаллим ба кор гирифта буд. (Аҳтам, Маҳкам ва Баҳром )
Баъди 7-8 сол ӯро боз ба мактаби рақами 1-и ноҳияи Тоҷикобод ба вазифаи директорӣ монданд. Дар онҷо 2-3 сол кор кард, ки ӯро бо як духтари синфи 11 номаш Ситора буд, чанбор якҷоя диданд. Баъди ин ӯро аз онҷо ҳам пеш карданд. Қариб, ки тюрмааш мекарданд. Аммо бо ёрии бародараш Ваҳҳобов Суҳроб, ки он вақт командири част дар Хуҷанд буд, ҷонашро халос карда ба Русия шаҳри Санкт-Петербург гурехта омад. (Ин тахминан солҳои 2013-2014 буд) Дар ягон ҷо кор намекард. Дар Питер ҳамаи муҳоҷирони ин  деҳаро (Капалӣ) як рӯзи якшанбе ҷамъ карда маҷлис гузаронд, ки бояд як фонд ташкил кард. Бояд гуфт, ки дар кори ташкили фондаш боз ду лошахури дигар ҳам аз ҳамон деҳа буданд: Абубакр ва Абдуқаҳҳор. Худи Мустаон ташкилотчии фонд, Абубакр раиси фонд, Абдуқаҳҳор, ки дар Москва бригадири калон буд, бухгалтер таъин шудаанд. Ин фонди муҳоҷират тақрибан 2-3 давом ёфт, баъдан барҳам хурд.
Вай фонд куҷо шуд то ҳол ҳеҷ кас намедонад.
Чанд сол дар Россия гашт баъд Тоҷикистон рафт. Чанд сол бекор буд. Дар вақтҳои бекориаш бо дуздони деҳа бисёр ҳамкории хуб дошт. Аз оғилҳо фақат гӯсфанд медуздиданд. Ҳатто аз оғили апаи худаш, ки шавҳараш дар Русия буд, гусфандашро дуздида бурданд.
Хуллас, чанд соли ҳаёташро бо дуздӣ дар деҳа гузаронд.

Ҳозир 3-4 сол мешавад,ки ин дузд боз раиси деҳа шудааст. Дар ҳама ҷабҳа бузҳои худашро дорад. Масалан дар Русия дар байни муҳоҷирон, дар мактаб, дар масҷид, дар байни ҷавонони деҳа, ҳатто дар байни занҳо. Хуллас, гушу чашмаш дар ҳама ҷо ҳаст. Ҳозир як шиор дорад:

«Муҷоҳидам шудам ба қадрам нарасиданд, директорам шудам ба қадрам нарасиданд, дар Русия ба муҳоҷирони деҳаамон фонд ташкил кардам, онҷо ҳам ба қадрам нарасиданд. Акнун дар хизмати ҳукумат мешаваму ҳамаи қасдамро аз ин деҳа мегирам».

Ин ҳадаф ва шиораш аст ки доим такрор мекунад. Ба ҳамин наздикӣ аз тарафи ООН маблағ ҷудо карда шуд барои кашонидани оби нушокӣ ба деҳа. Ин раиси номуҳтарам (Мустаон) аввал маҷлис карда гуфт, ки ҳамаи маблағро ООН пардохт мекунаду вазифаи мо фақат қубурҳои обро аз куҳ то деҳа кандан аст.
Баъдан, баъди чанд моҳ боз маҷлис кард, ки аз ҳар хоҷагӣ 500 сомонӣ ҷамъ карда шавад барои музди меҳнати коргарон. Инашро худо медонад, ки ин пулро куҷо кард. Аҳолии ин деҳа зиёда аз 1500 хоҷагӣ аст.
Баъдан боз бародари командираш Суҳробро, ки командири част дар Хуҷанд буд, аз кор озодаш карданд (сабабашро намедонем) ҳозир ӯро директори мактаби деҳа монданд.
Тасаввур кунед одаме, ки командири части ҳарбӣ буд, ӯро ба ҷуз муаллимӣ дигар дар ягонҷо кор нагирифтанд, чунки додараш ҳамин Мустаон як вақтҳо муҷоҳид будаст.
Бародар Муҳаммадиқбол! Мо ҳамаи барномаҳои шуморо тамошо мекунем. Бубинед, ин фақат зулми як раиси деҳа буд. Мо мебинем аз ҳама манотиқи Тоҷикистон ба шумо маълумот дар бораи золимонро меависнад. Аммо мутаассифона аз ноҳияи Тоҷикобод ҳама мурғ шудаанд. Мардуми Тоҷикобод бояд бедор бишавед!

Кулоб

Ассалому алейкум  бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз шаҳри Кулоби бостонӣ ҳастам. Ин номаи ман ба Эмомалӣ Раҳмонов аст. Эмомалие, ки хуни тоҷикони моро макида истодааст. Эмомалӣ Раҳмонов қасам ба бузургии Аллоҳ ту дар назди мардуми тоҷик як қотил, хиëнаткор, дузд ва ватанфурӯш ҳастӣ. Ин гапҳо дар ҳақи ту кам ҳаст.

Ту мардуми халқи моро бе ватан кардаӣ, мардуми тоҷики моро ба ғулому канизу батраку мардикори русҳо табдил додаӣ. Чаро ба муҳоҷир табдил додӣ? Чаро ба Русия меоӣ аз аҳволи онҳо хабардор намешавӣ? Чунки медонӣ, ки

«уво беҳад тра бад мебинан, ба ин хол ту расондӣ инҳоро, ть фикр мекнӣ инҳо туро нағз мебинан? Не, не худатам медонӣ ҳеҷ қадар обуруе надорӣ да назди муҳоҷиро».

Моро сӣ сол мешавад, ки зери зулми худату аводат кардаӣ.

Гуфти Саймурод Давлатов мо 30- сол аз илм дур шудем. Ҳамаи ин бесаводӣ ва  беилмиро сабабаш ҳамин Раҳмонов хиёнаткор аст.

30- сол, ин ба даҳан осон аст гуфтанаш! Ин чи ҳолу рӯз аст барои миллати тоҷик. Ҳатто аз ғуломиву мардикорӣ моро задазада пеш карда истодаанд. Аммо ин шо Аллоҳ барои пирузии мардуми тоҷики мо камаш монд. Мардуми Кулоби бостонӣ ба шумо чӣ шуд? Шумо таҳти зулм мондаед:

«хезен сартона вардорен. Ворухда ҷанги қирғизу, тоҷик шид рафтен, мубориза будрден ,мешудаст, ку!  Мо олям метонем  амин амала ба Раҳмонови лаин кунем». Ба Худо қасам падарони мо ин кори хаторо карданд, ки инро ба қудрат оварданд. Аммо мо бояд ислоҳ кунем хатогиямонро, мо бояд намонем Рустами лаинро дар сари қудрат монад. Бархезед мардуми Кулоби ман, бархезед! Дар хуни шумо нотарсӣ ҳаст медонам. Аммо чаро аз як лаин ин қадар дар дил тарср доред. Илтимос бархезед. Мо бояд намонем писарашро ба қудрат биëрад.

Раҳмонов, падарони мо туро ба қудрат оварданд, мо писаронашон туро аз қудрате, ки ба чангу дандон қапидаӣ хоҳем гирифт.

Аввалин муборизаи мо ин муқобили бо облава, одамдуздӣ бояд бошад. Намонед, ки шуморо дузданд. Ба онҳо ҳуҷум кунед. Ҳеҷ вақт нагузор бародар, ки сарат хам бошад. И чист охир? Одамдуздии тайёр аст. Эй,бародаро! Бахудо монеъашон шавед нагузоред бо зури коре кунанд.Ҷавонҳои мо аз дасти ин лаъин муҳоҷир шудаанд, аз дасти ин муҳоҷир аз Русия баргашта омада наметавонанд, Русия бошад моро сур карда истодааст.

Мо, ҳар кадомамон дар маҳаллу деҳаамон шиносу хешу табори ҳамдигар ҳастем. Дустони зиёд дорем. Бар зидди ин лаъин бояд бархезем, ҳамакаса якҷояшуда хезем. Мо дар ҳукумат ҳам одамони худамон, хешу таборони худамонро дорем.

Як руз маслиҳате кардем. Як бародари ҳукуматии мо гуфт: «агар ҳукумат амихел рафтан гирад зарари мардум то чанд зиëдтар мешавад. Мо аз Фронти халқӣ будем. Ҳозир сахт афсус мехурем, пушаймонем бо он хатое кардем 32 сол пеш».

Инқилобе, Раҳмоновро ба ларза меорад наздик аст. Боре як дустамон гуфт ( ҳаргиз тарҳе мекашед дар нома нанависед!)

Мо намехоҳем, ки ранги Раҳмонов ба хуну ба қатл ҳукуматро гирем. Лекин нашавад ин коро карданамон даркор.

Бародар Аллоҳ нигаҳбонатон бошад. Ин ша Аллоҳ шуморо дар ватан интизорем.

Раҳмонов! Ин нома аз писарони ҷанговарони Фронти халқӣ фиристода шуд. Баъд  ту фикр накун падарҳои моро шикастӣ моро ҳам мешиканӣ. Не, қасам ба Аллоҳ ҷавоб мегуӣ!

Ё  безарар гардонида мешавӣ дар Тоҷикистон ë дафъ мешавӣ, меравӣ бо оилаи лаъинат.

Аллоҳ нигаҳбонатон бародарони мубориз! Ҳеҷ вақт натарсед, ҳеҷ вақт зулмро ба гардан нагиред, мардуми азизам!

Истаравшан

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол!

Нома аз Ниҷонии Истаравшан фиристода мешавад. Дар деҳаи мо ноадолатиҳо бисёр шуда истодааст. Аз деҳаи мо ба шумо зиёд нома рафтааст, ки Шумо чоп намудед. Бисёр хуб. Мардуми мо Ислоҳро хуб шинохтааст. Аммо худи ман ба Шумо бори аввал нома навишта истодаам.

Ба ман номаҳои аввалин руҳ ва ҷуръат дод. Миннатдории худро ба он бародарони номаҳо аввалро навишта изҳор дошта гуфтаниам, ки Аллоҳ аз онҳо розӣ бошад.

Бародар Муҳаммадиқбол ман низ муҳоҷир мебошам! Рафта омада ризқ насиба карда боз бармегардам. Ҳозир айни замон дар ватани худ қарор дорам. Дар инҷо аҳволи аҳолӣ тамоман муташанниҷ. Асосан иллати барои ба шумо мактуб навистан ҳамин шуд, ки як бачаи 17 ё 18 солаи синфи 11 хон худашро ба дор кашид. Ин ҷавон ба бозор ангурфурушӣ меравад. Бо ментҳои бозор гапҳояшон мегурезад. Таги гап чи бошад барои ман номаълум. Ментҳо бачаро «ту ҳоло бо мо гап мегардонӣ» гуфта телефонашро мегиранд. Ва аз телефони бача чи чизҳое меёбанд, ё ки худашон мемонанд. Хуллас коре карда туҳмат карда бачара мебаранд. Баъд бечора падар модар сарсон шуда   пули калон дода халос мекунанду ба хона меоваранд.

Дар милисахона ба бача чи хел таъзиқ фишор меоваранд, азоб медиҳанд, ки хуллас пас аз як ҳафта ё 10 рӯз ҷавонписар худашро ба дор овехт. Ман дар ҷанозаи ҳамин ҷавон иштирок кардам. Маросими намози ҷаноза дар санаи 13.10.2024 доир шуд. Бародар Муҳаммадиқбол! Аҳволи модарашро дида қарор истода натавонистам. Бечора апаи Ойҷамол чунонам аҳволаш даҳшатнок буд ҳеҷ инсони солим онро дида ором наметавонист бошад.

Бародар як дуо мекунам. Шумо омин гуеду ва Шуморо тамошо карда гуш мекардагиҳо  низ омин гуянд, зоро дуоҳои ҳамаи мардум иҷобат шавад.

Ё Аллоҳ  ин Эмомтапак бо ин ҳукумату бо ин коргаронаш то мурдаи Рустаму Сомону Исмоилро набинад намурад. Азизмоҳ ба чунин аҳволи апаи Ойҷамол гирифтор гарданду мо бубинем ин ҳолатро…

Озодаю Тахминаю Фирузаю Парвина ва дигар духтарҳояш ба ҳамин аҳвол гирифтор шаваду мардум тамошо кунад. Ҳар касеки чоплус бошад илоҳо хору залил шавад. Милисаю амнияташ низ хору залил шуда дар таги пои халқи мазлум қарор бигирад. Омин ё Раббул ъоламин !

Эй халқи Ниҷонӣ! Бедор шавед. Як сабукпо раиси деҳа, як хоҳари аз худаш бадтар директори мактаб, як артисти муфтхур дар мактаби дигарӣ директор. Эй,вой бар аҳволи шумо.

То ин замон, номаҳои ба шумо навишта ҳаммаш ростанду ҳақиқатанд. Чандин нафарро аз деҳа қапида бурданд, ки онҳо ба шумо навиштаанд, аммо маълум шуд, ки онҳо набудаанд, боз сар доданд. Аммо ин корҳои онҳо сафи муборизон ва сафи номанависон барои шуморо зиёд кард. Барои мисол худи ман якум бор менависам. Минбаъд ҳамеша менависам.

Хитоби дигар ба тамоми мардуми Истаравшан. Кани шуҷотаи истаравшании шумо?. Наход то ҳамин дараҷа мурғ шудаед? Ягон нафар ҷунбида наметавонад. Ин чи гап аст? Деҳаи Ругунд канӣ шумо? Ако Салимҷон Султонзодаро мешиносед? Гарчанде аз Зафаробод бошад ҳам аслан аз деҳаи Шумо.

Ман фахр мекунам бо он одам!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№189 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ. нет»№89
Дар ин бора дар дигар барномаҳо ҳам гуфта будем. Дар Тоҷикистон, дар тамоми ноҳияҳо ҳатто деҳаҳо нафароне зиндагӣ ва кор мекунанд, ки онҳоро ҳамчун посредник-миёнарав мешиносанд. Ин посредникҳо байни мардум, мақомот ва ҳукуматиҳо «кор» мекуннад ва баъзе аз онҳо маслан худашон ё заминсоз ё раиси ҷамоат ё хоҷагии деҳқонӣ ва ё маслан соҳиби дукону мағозаанд. Аммо онҳо пулдор мебошанд. Зуд милиса, участковий ё прокурор ё раиси навро зиёфат медиҳанд. Ва бо ҳамин бо вай ҳам шинос мешаванд. Ва боз ба «буд» кардани кори корафтодаҳо  машғул мешаванд. Баъзе аз инҳо ҳатто он қадар пулдор мешавнад ва «роҳи коррор меёбанд», ки масалан раиси ноҳия,намояндаи Президенти Тоҷикистон дар пеши вай оҷиз мемонад. Намунаи онро дар зер қироат хоҳед кард:

Тоҷикобод

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол!

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ин номаи маро кутоҳ ҳам бошад, дар барномаи Номаҳо ҷой бидиҳед. Ман аз ҷамоати Лангари шоҳи Тоҷикобод. Аз он сабаб, ки дар ватан кам меистам ҳатто фамилияашро намедонам. Аммо номи ин ҳаромхур Мирзобек аст. Ман намедонам, ки ӯ чи кора аст. Дар ҷамоат суд ҳам шавад ӯ суд мекунад, агар туй ҳам шавад, ӯ дар ҷои танзим омада штраф мекунад. Кори асосиаш солдатбизнес аст. Барои як мавсим сари сарбоз 7000 то 10000 сомонӣ мегирад ва кори дигараш заминфурушӣ аст. Беш аз 120 заминро бо нархи 12000сомонӣ фурухтааст. Вай аз касе наметарсад, на аз амният, на раиси ноҳия. Ҳатто ман шоҳид ҳастам, ки раиси ноҳияро гуфт: «метонӣ ту ҳам ку, наметони хап ист». Кадом хешаш телехи Рустами Эмомалӣ будааст. Шофери шахсӣ дорад бо номи Сафаралӣ. Саводи кофӣ надорад. Фақат истода як имзо карда 200 сомонӣ мегирад, кори асосиаш арақ хурдан ва ҳаромкорӣ кардан ва бузӣ кардани мардуми Тоҷикобод аст.

Ваҳдат

Салому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устод Муҳаммадиқболи Садриддин.

Ман аз ҷамоати Карим Исмоил, деҳаи Лақайбегии шаҳри Ваҳдат. Мехоҳам чеҳра ва симои бузҳои ин деҳаро ошкор кунам. Аллоҳро шоҳид ва гувоҳ мегирам, ки ҳарчи менависам ҳақиқат аст.

Яке аз бузҳои ин деҳа Норов Даврон аст. Ин буз бузи отдел мебошад. Овозаҳо ҳаст дар деҳа, ки аз даврони хизмат буз буд. Як рӯз дар мактаб конференсия мешавад ва ин буз кудаконро сурат мегирад. Вақте милиса меояд ҳамон суратҳое, ки ин буз гирифта буд онҳоро нишон медиҳад. Ин буз боз героин ҳам бизнес мекардааст. Як дӯстам нақл кардааст, ки дар район дидамаш героинро дода истодааст, пулро мегирад. Ҳоло лақабаш Давронсаи буз мебошад.

Як ҳамдеҳаамон барои писараш арус мефаровард. Даврони буз ба танзим занг зада мегуяд, ки мошини бисёр рафт тарафи хонаи арус. Дар роҳ милитсия меқапад мошинҳоро ва падари шаҳро штраф мекунанд. Падари шаҳ 2ҳазор сомонии дигар барзиёд медиҳад ва мегуяд, ки бузро ба ман бигу. Милиса телефонашро мекушояду номерро нишон медиҳад, ки он номер номери Даврони буз аст. Баъди туй падари шаҳ хонаи Даврон рафтанӣ буд, ки хешу таборонаш намонда гуфтаанд, ки лозим нест, айб аст.

Бузи дигари ин қишлоқ Идиев Маҳмадшо мебошад. Ин буз милиса-мент аст, рутбааш ба фикрам прапоршик. Дар «облава» кор мекунад ва бозорҳоро ҳам тафтиш мекунад. Ин буз сокинони деҳаро фиреб карда аз онҳо сум мегирад. Ҳатто баъзе аз шаҳрвандони содаро фиреб кардааст, ки депорташон да Русияро метавонад тоза кунад.

Як апааш ҳам милиса буд. Ба мардум зулми зиёд мекард. Оқибат касал шуд, сарашро тарошиданд, кал шуду дар ҷогаҳ хоб рафту оқибат бо дарди бе даво мурд. Модари Маҳмадшои буз ба бачааш гуфтааст, ки «бачам бас кн машеникита, апатам ҳамихелӣ коро кардагашт. Ина ҳолша бин чи шиду бо чи азобҳо мурд»?

Маҳмадшои буз ҳатто ҷияни худашро ҳам ба облава фурӯхт. Ҳангоме, ки ҷиянашро мефурушад, як рафиқам шунидасту ба ман гуфт,ки  Маҳмадшо гуфтааст: «хонашондай биёен ай дари хонашон дуи дигарат ай дари хонаи ма биёен, яке грехт меқапенша».

Бачаи ин буз мактаб меояд. Дар стадион талабаҳоро ғам медиҳад. Тоир, муаллими фанни тарбияи ҷисмонӣ мегуяд, ки «бро ай майдон ть да и мактаб намехонӣ».Ин писар ба падараш занг мезанад ва мегуяд,ки «мара малим акорат дора».Падараш ба муаллим занг мезанад ва бо вай ҳақоратгуӣ мекунад.

Боз ин буз дар маҷлиси деҳа мегуяд кудакҳоятонро муаллимҳо як чи гуфтанд ё нагуфтанд, ки медавед ба сари онҳо меравед. Буз фаромуш кардааст, ки худаш ҳам медаваду мравад ба сари муаллимҳо. Баъди ин муаллими тарбияи ҷисмонӣ корро бас карду ба Русия  рафт.

Як бузи дигар Олим-ин раиси маҳалла аст. Дар ҳар мавсими облава 400 — 500 сомонӣ аз мардум ҷамъ мекунад. Мегуяд амният бачаатро пурсида истодааст:

«Ира бояд пла бурда супорем». Дар як маҷлис мегуяд, ки мегуянд раисони маҳаллаҳо бузанд. Бовар кунед буз он қадар бисёр шудааст, ки бузӣ дигар ба раисони маҳаллаҳо ҳам намемонад.

Дар деҳа соли гузашта дар рамазон микрофон оварда нав часпонданд. Домулло шомро бо микрофон хонду рафт. Аммо дар намози таробеҳ омаду гуфт микрофонро биканед. Мардум ҳайрон шид, ки «о,нав часпондем, барои чи биканем?» Домулло гуфт: «о, ҳамсоята бзӣ кардӣ,хешу таборта бзӣ кардӣ, нахо хонаи худорам бзӣ кнӣ». Гуфт насби микрофон дар масҷидро хабар кашидаанд. Фармон шуд тез канед ва бо садои пастакак намозотона хонен брен даф шавен гуфтан,ки пешвора қаҳр мекунад.

Обигарм

Салому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Як воқеаро бароятон ҳикоят кунам, илоҷаш бошад, зудтар дар барномаи Номаҳо ҷой диҳед.
Сухан аз беморхонаи ноҳия меравад. Беморхонаи Обигарм, аз солҳои шуравӣ монда хеле шикаставу фарсуда шудааст. Аз чор ошёна иборат аст. Дар инҷо муддати 10 сол зиёд мешавад, ки бадбахтӣ болои бадбахтӣ аст. Чунки дар онҷо ҳама аз ҳамдигар худро калон мегирад. Ҳамааш мегуяд, ки калон манам. 5 ё 6 сол пештар яке аз духтурони инҷо духтари котибаи идораи ҷамоати Обигарм буд. Даҳмардаева Давлатой. Номи духтараш мутаассифона дар ёдам нест.

Табиби зур ва модари як фарзанд ва ҷавон буд. Ба таври ногаҳонӣ вафот кард. Гуфтанд, ки симоб додаанд. Давлатой бениҳоят хизмати халқро зиёд карда буд. Дар ғами духтари моҳпайкараш зуд пир ва бемор шуд. Ғами калонаш доданд бечораро.
Дар беморхонаи Обигарм як зан бо номи Фарида, ки фамилияашро фаромӯш кардам ба ҳайси сардухтури зойшгоҳ гинеколог кор мекунад. Мардум ба дод омадаанд аз дасти Фаридаи сардухтур. Як рӯзи сиёҳ аст. Дар онҷо саг ҳол дораду зояндаҳо не. Вақте таваллуд мекунанд бо оби хунук дастуру мешуянд.

Барои даҳонашонро тар кардан ҳам оби гарм намедиҳанд. Онҷо намемонад, ки зояндаҳо дар долон биҷумбанд. Ҳатто зояндаҳоро мезадаанд. Ҳар хел азоб медодаанд. Боз он Фарида мегуянд, як ҳафта зан будааст, як ҳафта мард мешудааст. Субҳоналлоҳ! 35 сола аст. Ҳоло ҳам шавҳар кардагӣ нест. Бо ағлаби гумноҳо Хунасо ҳаст  мардонагӣ дораду худаш мисли зан ҳаст. Намедонем «таға»-и ин ҳаромзода кӣ аст, ки чи намуд хоҳад, муносибату рафтор мекунад. Ба бемороне, ки аз деҳаҳо меоянд аслан руи хуш намедиҳад. Дар баъзе аз он деҳаҳо ҳатто медпункт ҳам вуҷуд надорад. Ҳеҷ кас аз Фарида намепурсад, ки чаро ин хел рафтор мекунӣ. Мегуӣ, ки Фарида аз осмон омада бошад. Агар як кам даъво кунӣ, ки барои ҳамин бемор, ки дар ҳоли зоидан аст як пиёла чойи гарм бидиҳам дарав ба сарат Зоғро равон мекунад. Гап задӣ Зоғ мезанад. Фарқ намекунад, ки ту ҷавонӣ, пирӣ, кампирӣ. Хулоса ҳатто модари зояндаҳоро намегузорад, ки беморашонро бибинанд. Аммо вақти ҷавоб шуд пули маҳшарро аз шумо мекананд.

Ҳафтаи гузашта як зани соҳиби 4 фарзанд бояд панҷумшро таваллуд мекард. Ин зан соҳиби маълумот будааст. Аз деҳаи Ёли ҷамоати Сичароғ. Вай ба ман як нақли ваҳшатнок кард. Гуфт Фарида як медсестра дорад номаш Зоғ аст. Наузубиллоҳ зоғ нею одамхур. Занҳо аз дасти вай доду фарёд мекунанд.

Хулоса ду нафар: Зоғу Фарида як зани ҳомилаи ҷавонро, ки барои таваллуд омада будааст, мезананду мекушанд. Кудак низ дар даруни модар ҷон медиҳад ва онҳо ин ҳодисаро дар гардани як нафар момодояи дигар Золотой, ки андаке инсоф дорад, мезананд. Зани бечора рӯзи ҷаноза гуфтанд руҳояш ҳама кандагӣ харошидагӣ ва аз  пушти сараш каме хун омадааст. Боз гуфтаанд, ки аз болои кресло афтид. Охир аз кресло афтад пушти сари одам намезанад ку. Ҳамин тавр маъулм нест, ки чаро ин ҳодиса сурат гирифтааст, аммо он занро зада мекушанд. То ҳол касе ин ҳодисаро тафтиш накард ва ҳамин тавр хапу хомуш шуд. Аз вазири тандурустӣ хоҳиш мекунем ба ин вазъият аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва дар ғайри он маълумотҳои бештар аз дигар паҳлуҳо ва ҷиноятҳои ин беморхона ва хоссатан зоишгоҳро ба “Ислоҳ” менависем. Раиси ҳукумат ва прокуратура ҳам ҳатаман ин қазияҳоро санҷанд!

Тавилдара

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз ноҳияи Тавилдара бароятон менависам.

Бародар Муҳаммадиқбол ҳар вақте дар мавриди ҷиноёти ҳукумати ноҳияи Тавилдара барнома тақдим намудед, ба тафовут аз дигар ноҳияҳо зери ин навишта пур аз комментария мешавад, ки ҳамаи ин комментнависон милитсияҳои ноҳия  ҳастанд.

Милитсияҳое, ки бо ном ҳомии ҳуқуқ вале дар асл дуздони номус, шараф ва ғоратгари тамоми осудагӣ ва зиндагии мардуми оддианду ҳомии Маҳмади Давлатзода ва Пешоби палид.

Ин кормандони милиса ба ҳаде бешарафанд, ки баъзеашон ҳатто хоҳари  Саидмуроди милисаи ҳамкорашонро ба яке аз милисаҳои аз Ҳисор омада «туғри» мекунад, ки ӯ аксҳои лухти модарзодиашонро ба он духтар, ҳатто дар хонаи духтар ба дӯстонашон ба фахр нишон медод.

Барои нафақа агар ҳуҷҷат пешниҳод намоӣ 2000 медиҳӣ то 200 сомонӣ нафақа бароӣ.

Дар ҳудуди ноҳия идорае ҳаст бо номи Парки Миллии Точикистон. Ин идора аз аввал то ҳозир як роҳбари арзандаеро надид. Хусусан ин 2 соли ахир, ки як ҷавони бесаводи бемасъулиятро гузоштанд бо номи Раҷаб Бердиев. Вай ин идораро ба як оғилхона табдил кардааст. Пули сузишвории идораро кормандони милиса мошинсаворӣ мекунанд.

Чарогоҳҳои ҳудуди ПМТ-ро ба даҳмардаҳо хусусан даҳмардаҳои ҳоҷӣ Хайрулло ки хусурбачаи пешоб будаст вогузор мекунад. Аз хисоби ҳамин Хайрулло шуда раиси ноҳияро дар чизеаш ҳисоб намекунад. Давоми ин ду сол як бор ҳам дар «петиминутка» иштирок намекунад. Ба ҳадде бевиҷдон аст ин одам, ки замистони гузашта бар асари сардӣ ва дарозо кашидани зимистон 90% кабкҳо аз гуруснагӣ мурданд, ба онҳо бояд дон медоданд, ки надоданд. Таги буттаҳо пур аз кабки мурда шуда буд.

Инро ҳама кормандони мақомот медонанд, аммо чорае намебинанд.

Кормандони ҷамоатҳо бошанд барои наврузӣ ва дигар ҷашнҳо мардум, соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳкониро дар ҷонашон задаанд, мисли талбандаанд.

Инҳоро набояд хизматчии давлатӣ гуфт, чун як рӯз ҳам дар ин давлат хидмат накардаанд. Инҳоро талбандаҳои ҳукуматӣ бояд гуфт.

Ҳоло дар мавзуи яке аз талбандагиҳои нангинашон мехоҳам бигуям хуб диқат кунед.

Дар соли 2022, ки ҷанг миёни тоҷику қирғиз аланга зад ба монанди дигар бародарони ҷонфидо яке аз бародарони ноҳияи Тавилдара ҳам, ки иштирок дошт, аз пояш захмӣ шуд, ки бо пои баста тирпаронӣ мекунад, дар майдони мардонагӣ , ки навораш дар Ютуб ҳаст. Баъд аз ҷанг пояшро буриданд ва ба ноҳия баргашт.

Гуё Раҳмонов фармон кардааст, ки ба ӯ хона ба тамоми таҷҳизоташ аз ҳисоби ҳукумати ноҳия созед ва Раҳмонов худаш калидашро ба ӯ медиҳад ва дар телевизор аз ин боз як ҳангома мекунанд. Ҳукумати ноҳия бошад шуруъ кард ба талбидан аз ҳисоби соҳибкорон, аз хочагиҳои деҳқонӣ.

Шарми ҳамин хел ҳукумат бод!.

Ман инро барои он намегуям, ки ин бародар барои мо зиёдатӣ шудааст. Инро барои он мегуям, ки чашматонро боз кунед. Бубинед ҳамаро мо худ карда истодаем. Ҳатто кормандони ҳукуматро низ хуронида истодаем. Як каме ҳам бошад ба худ биоед. Ин ноҳия ҷавонмардоне дорад, ки ба танҳоӣ ин бародарро соҳиби хонаву дар мекунад. Аммо намехоҳанд, ки ташаббускор Раҳмонов шавад, ба ин талбандагиашон монанд

Агар ёдатон бошад баҳори ҳамин сол гуё аз Афғонистон ин тараф гузаштааст ва ба куҳҳои Ванҷ баромадаанд. Шуруъ шуд мошинҳои низомиён мисли колоннаҳо. Чи аз пойтахт ва чи аз Рашт сафарбар шуданд ба ноҳияи Тавилдара ва дар охирин ҷамоат ҷой гирифтанд. Гуё артиши Точикистон барои як амалиёт омадааст. Шояд ҳафта ва шояд моҳ тул кашад ин амалиёташон. Бо худ хурока надоштанд. Худ хулоса бароред. Артишу сарбози бе хурока чигуна метавонад аз ватан ҳимоят кунад? Хурокаи инҳоро ба гардани ҷамоати Ваҳдат вогузор карданд. Раиси ҷамоат Давлатов Мизроб, ки худро бисёр коркушта нишон медиҳад. Ҳар рӯз як деҳа як гусфандро бо биринҷу пиёзу сабзиву картошкаву нону дигар хурокҳо бурда ба низомиҳо таъом мепухтанд як рӯз хидмати онҳоро мекарданд бад ҷавоб

Худатон қазоват кунед ин низому ин ҳукуматро то куҷо аз по афтодааст. Дар 30 соли истиқлолият наметавонад артишашро барои 10 рӯз таъом диҳад, ҳоло агар худое нохоста ҷанге шавед худатон акнун фикр кунед.

Ва дар охир як чизро ба мардуми ноҳияи Тавилдара мехоҳам бигуям.

Бародар инро дар ҷои муносибтари номаи Тавилдара гузоред чун дертар ба ёдам омад.

Дар ҳамин интихоботи ахири раиси ҷумҳурӣ, ки чандин лухтак номзад буд чандин ғаюри ин ноҳия бо ручка Муҳиддин Кабирӣ навиштанду дигарҳоро хат заданд

Раҳмон ту бидон бо ин ҳама амнияти кардани интихоботҳои дуруғинат мардум чи касеро овоз медиҳанд ва ҳарос ҳам надоранд.

Бародарони тавилдарагӣ, аз ҳеҷ кас натарсед. Шуморо агар ҳамин Муҳаммадиқбол нафурушад касе намефаҳмад. Аммо то имрӯз нафаҳмидаму нашунидаам касе ба ӯ навишта бошад фурӯхта бошад. Эълон накунед. Ҳатто куртаи танатон нафаҳмад, коратонро кунед ва аз ҷиноятҳои мақомотро навишта фиристед он қадар кори мушкиле нест охир навиштан.

Хуб диққат кунеду ҳушёр бошед. Мехоҳанд мардуми Тавилдараро ба ду қисм ҷудо кунанд: сағирдаштӣ ва тавилдарагии асл. Чи гуна?

Бубинед, як роҳбар таъин мекунанд ба қавли бародарони сағирдаштӣ аз тоифаи жукҳо, ки ин роҳбари хоин омадан баробар раҳбарони идораҳоро аз тими худаш интихоб мекунад. Шоиста ба ин вазифа ҳаст ё нест фарқ намекунад, ки ин кор албатта сабаби бадбинии бародарони вахёчӣ мешавад.

Боз раҳбари дигар аз бародарони сағирдаштӣ, ки инаш ҳам ба мисли раҳбари пешин тимашро иваз мекунад, ки баръакс сабаби бадбинии бародарони сағирдаштӣ мешавад .

Маълум, ки ин ҳама барномарезӣ шуда аз маркази ҷумҳурӣ аст. Ҳадаф: “тафриқа андозу ҳукумат кун!”

Бародароне, ки ин мавзуъҳоро дарк мекунед, як қадам пештар бардоред, то мардумро порча- порча накунанд.

Бародар Муҳаммадиқбол! Агар аҳамият дода бошед, дар пахши мустақими «Минбари муҳоҷир»  бисёртар бародарони хуҷандӣ ва муллоҳоро «пешка» мекунанд.

Ман ба хулосае омадам, ки ин пирбузбалаи фосид ҳозир ҳам фикр мекунад, ки ё ин хуҷандиҳо ҳукуматро иваз мекунанд ё муллоҳо.

Барои ин шуда ин ду гуруҳро бисёртар дар пахши мустақим мебароранд.

Чун медонанд, ки мардумро аз чоплусӣ бадашон меояд ва ба худашон ин ду мулло ва хуҷандиро нисбаташон бадбинии мардум зиёд шавад то натавонанд 4 то ҳарфшунав дошта бошанд ва натавонанд коре кунанд.

Конибодом

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу ҷаноби оқои Муҳаммадиқболи Садриддин!

Ман яке аз бародарони фаъоли шумо аз Конибодом ҳастам ва шумо ҳамеша бо дарди мардуми мо шарик будед. Ин мартаба охирон шикояти ман мебошад ва охирон номаи ман ба Ислоҳ. Шумо ду номаи манро ба нашр расонидед. Ман ва мардум дар назди Шумо дар ду дунё миннатдорем.

Дар ин матлаби саввум аз тағйиротҳо ва каме ҷиноятҳо хоҳам гуфт. Умедворам ин номаро ба нашр мерасонед ва банда ва мардум аз Шумо қонеъ ва розӣ мегардем. Ҳоло аз «Қаҳрамони шаҳри Конибодом» -Дилшоди дузд мегуям. Дилшод  Холматов дар Федератсияи Русия калтак яъне ба лаҳҷаи бачаҳакои боло аз ҷабрдидагон шаттаро хурд. Чунки дар ватан ин гуна дуздон дар назди қонун ҷавоб намедиҳанд. Зани Дилшод бо лақаби «духтари Ҷаббор хурӯс» дар ҳамон деҳаи худаш- Ҷаҳонзеб маъруф аст. Баъд аз нашр шудани ҷиноятҳои шавҳараш Ӯ аз Дилшод ҷудо шуда ба як турки озарбойҷонӣ шу кард.  Ва Дилшод Холматов  ҳоло мисли гурбача намедонад чи кор кунад. Чунки тағаи Зарифи ӯ дасташ ба шумо намерасад.

Зани вай ҳар вақте ки ба деҳаҳои Лоҳутӣ ва Ҷаҳонзеб об ба канал меояд, бо як травматический полупистолет ва каланд ба мардум угрожат мекард. Грубо угрожат карда мегуфт: об, оби ман мегуфт, ягонтат расӣ хафа мешавӣ. Бо бачаҳои хурд, бо муйсафедон аз пушти об угрожаташон мекард. Вай ба монанди занҳои рус буд, бо ҷинс ва причёскаи кутоҳ. Вай як муйсафедро бо дастаи каланд зада гушашро хунӣ кард.

Падари занаш Ҷаббор хурус лақаб дошт. Одами хуб буд, аммо духтараш тамоми мардуми Конибодомро ба дод овард.

Агар Абду Фотеҳи Фотя ба мардум оби каналро медод ин бадбахтиҳо сурат намегирифт. Кори Фотя дар ҷамоъат фақат монанди занҳо лақидану замин фурухтан ва бузӣ кардан аст. Чунки мақомоти мо,ки «бачаҳакои боло»анд дар фоҳишахонаи Акмали Мерос фақат корашон кайфу ишрат аст!

Ҳоло бошад «духтари Ҷаббор хурус» аз Дилшод ҷудо шуданд. Агар мо ба бачаҳакои боло муроҷиат кунем моро худамонро ягон кор мекунанд.

Дар мавриди Дилшод Холматов маълумотҳои дигар ҳам расидаанд ба “Ислоҳ”,ки пас аз нашри навор модарашон ба беморхона заданд ва ҳамсарашон аз хона баромада рафтаааст. Дилшод дар назди ҳамдеҳагонаш чунин гуфтааст : “Шармандаи шармандаам карданд. Агар гуноҳ дошта бошам, Худо курам кунад  лекин Ислоҳ ба кадом суханҳои ноҳақ бовар карданд ва як оилаи бутунро вайрон карданд. Се фарзандам дуъош гирад инҳоя”

Акнун мегузарем ба тағйиротҳо! Дар оғози моҳи ноябр соатҳои  21:00 вақте дар Конибодом барқро хомуш карданд, дар Ҷаҳонзеб як бачаи боло, ду занро дар роҳ   бо мошинаш зада кушт. Албатта агар барқ мебуд, ин ҳодиса руй намедод.

Ҳоло бузҳои амният дар Лоҳутӣ ва Ҷаҳонзеб хеле бисёр шудаанд. Ҳатто кампиру муйсафедҳоро ба отдели калон бурда онҷо маълумот мегиранд: «бачаи фалонӣ, набераи фалонӣ кӣ аст, чӣ аст гуфта мепурсанду допрос мекунанд”.

Дар як ҷамоати Лоҳутии шаҳри Конибодом 3 адад «коммуникационная вышка»-и компанияҳои Тиселл, МегаФон ва ЗЕТ Мобайл амал мекунад. Дар назди чойхонаи Эркин Ҷалилов, ки ӯ дар онҷо рӯзҳои шанбеву якшанбе кайфу сафо мекунад. Ҳангоме барқ хомӯш мешавад ҳеҷ кадоме аз ин ширкатҳо кор намекунанд ва сим картаҳо аз кор мемонанд. Инҳо ҳамчун компания вазифадор ҳастанд, ки ақалан бо «движокҳои махсусии бензинӣ» хизматрасонии худро таъмин карда мардумро бо а лоқаҳои телефонӣ ва шабакаи интернет таъмин кунанд. Максимум суръати интернет 40 кбит/с мебошад. Ин аст давлати соҳибистиқлоли 32 сола! Ҳатто дар инҷо ҳам як коррупсия вуҷуд дорад! Бояд инҳо аз тарафи муттахассисон санҷида шаванд! Пулҳои бензини он движокҳоро инҳо ба киссаи худ мегиранд ва Конибодом ҳам боз ба давраи Аморати Қӯқанди асри 19 бар мегардад, бадбахтона! Аз дасти режими Раҳмонови диктатор!

Хитобе дорам ба Тухтасун Оғлу! :

Тухтасун Оғлу ако Шумо нокас,

Ҷои Шумо кунҷи маҳбас!

Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Қаблан ҳам бароятон навишта будам. Ин бор ҳам чанд маълумотро фиристоданиям. Хоҳед нашр кунед, нахоҳед, накунед.

Дар ҷаласаи Прокуратураи генералӣ ин тавр гуфтанд:  “бояд то дараҷае мубориза барем бо хоинҳо, ки аз сарчашма то ояндаашон нест шавад. Он нафароне аз аъзоёни ҲНИТ,ки дар Тоҷикистон дафн карда шудаанд,  бояд манзилҳояшон дигар карда шавад. Яъне бояд аз қабрҳо берун оварда ба ҷойҳои дигар, ки махфӣ бошанд, гуронидан даркор. Ин як  намуд пешгирӣ аз он аст  ки тарафдорони ҲНИТ дар оянда он қабрҳоро макони қадрдонӣ накунанд ва умуман ному нишони Нурӣ ва дигар ҳамаслаконашро аз таърих кур кардан лозим”.

Бо Муҳаммадикболи Садриддин бояд дар контакт шуд. Яъне бояд бо Муҳаммадиқболи Садриддин дар алоқа шуда ба ӯ маълумотҳои на он қадар зарурӣ ва дурустро дода, ба боварии ӯ даромадан даркор. Ҳамчунин бояд диду назари онҳоро аз самти маводи мухаддир дур намудан лозим. Чи тавре, ки мегуянд направить по ложному следу.

Бояд нишон дод, ки самтҳои дигар ҳастанд, ки онҳо даромадҳои калон доранд ва онхо дар дасти оила аст.

Нуктаи ассосиро дигар кардан даркор ва тамоми талошҳоро барои дастгир намудани Умари писари Муҳаммадиқболи Садриддин равона кардан даркор.

«ура сағераша қапен, любой информаторша мефуруша Иқбол. Я ду се руз қапен ика токш монен, отаи ҳаромишда занг мезана, дарав мега киян хоино, ки информацияш метан». Ин гапҳои гуфтагии Юсуф Раҳмон аст. Калима ба калима. Дар пеши сардорони Раёсатҳояш гуфтааст.

Хабари дигар ин аст ки Шоҳрух гуфтааст: «На счёти ма тема мекна Иқбол, ки ма алоқа кнмша. Ма да ….. задагийм».

Ҳози аз куҷое Юсуф Раҳмон хабараш расидааст, ки дар ҷои СС Ятимов Мансур Умаровро монданианд, сараш вайрон. Юсуф Раҳмон мехоҳад, ки одами худашро монад. Мехоҳанд қабрҳои мурдаҳои чандсоларо кананду баранд дар ҷойҳои номуайян гур кунанд, ки ҳеҷ кас надонад. Зиндониҳои ҲНИТ-ро бисёр ҳам азоб дода истодаанд. Юсуф Раҳмон гуфтааст, ки агар нафаре дар ҳамкорӣ бо Кабирӣ ва Муҳаммадиқбол дастгир шавад ба аҳли оилааш ҷавоб медиҳад.

То ҳол инҳо дар фикранд, ки Шоҳрух бо баъзе кормандони Прокуратураи Генералӣ бар зиди Юсуф Рахмон ба шумо маводҳо равон мекунанд.  Ҳоло дар ин чанд рӯзи охир матив ва услубро мехоҳанд иваз кунанд ва ҳуҷум ба Муҳаммадиқболро камтар кунанду ба Муҳиддин Кабирӣ бештар битозанд. Дар ҷаласи ин ҳафта дар рӯзнома чунин буд. Мо бояд Кабириро безарар гардонем бо ҳар роҳу василае бароямон тамом нашавад. Муҳаммадиқбол аз дасташ ҳеҷ чиз намеояд ва дигар роҳбарияти ПМТро иваз кунем кор тамом мешавад.

Фархор

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин.

Аз ман дида бо ҷасорату шуҷоъ касе будааст. Раҳмат ба падару модараш Устоди азиз,ки  ин номаро қариб як моҳ мешавад навиштам интизор ва дар фикр будам. Росташ метарисидам вале касе аллакай бо шумо расондааст ва  дар Барномаи “Минбари муҳоҷир№ 231 ё 232” буд, шумо гуфтед фаҳмидам ин одам барои гашта вазифаро гирифтан 120 000 сомонӣ доданӣ аст, чунки беҳад золим ҳаст. Аз шумо хоҳиш дорам ин паёми моро то гуши Эмомалӣ Раҳмонов ва мақомдорону мансабдоронаш бирасонед. Мо мардуми Фархор ҷамоъати деҳоти Ватан безор шудем аз ин дузду лошахури заминфуруш бо номи Илҳоми Давлатқувват. Ин одам раиси ҷамоъати деҳоти Ватан мебошад. Мегӯянд ин одам чанд намуд бизнес дорад. Мардуми деҳот аз ин одам безору ҷонбасил шудаанд. Мардуми одиро, ки бачаҳояшон дар муҳоҷират қарор дорад рафта ғам медиҳад ва аз онҳо маблағ меканад. Хато накунам дар Қаратоб ба замин фурӯшӣ машғул буд. Ба чи кори ҳарому фасоде машғул мешавад, ки пинҳонӣ ба навораш мегиранд. Баъд аз раиси ноҳияи Фархор тарсаш медиҳанд. Дағал ҳам шавад, гуфтааст,ки «ма г…дагиям будики ҳарроми раиси Фархора» ва баъди ин зуд ӯро аз вазифа мегиранд. Ба Худо қасам ҳамаи деҳаҳо аз хурсандӣ мепариданд, ки ин ҳаромро   аз вазифа гирифтанд. Қариб, ки панҷ ё шаш моҳ баъд обратно гашта дар вазифа монданаш.

Илҳом Қуввата гирифтанд аз раисии ҷамоати Ватан ба ҷояш котиби ҷамоата бо номи Ҷурабека монданд. Ҳеларо бинед Котиб Ҷурабек бошад бачаашро монд ба ҷойи худаш ва боз пас аз панҷ моҳ бештар дубора ба вазифааш барқарор шуд.

Ин дашном кардану аз вазифа гирифтану боз гашта монданаш дурӯғ нест. Валлоҳӣ ин раиси ҷамоати деҳоти Ватан фасодкор аст. Вақте ки ӯро аз вазифа гирифтанд дар ҷамоат туй буд, аку ин Раҳмонов равад ё мурад хурсандии мардум чихел бошад намедонам. Хоҳиш мекунам, устоди азиз, доди мардуми Фархор, ҷамоати деҳоти Ватанро ба масъулини бе тафовуту бе нангу номус бирасон, ки ба мардум беҳад зулм дорад. Аз мардум барои хизмат нарафтан аз як призив 6000 7000 сомонӣ мегиранд. Бо мегуянд, ки агар аз қишлоқ берун биқапанд мо ҳеҷ чиз гуфта наметавонем. Валлоҳӣ ҳар вақте облава сар мешавад, мардумро ғам мегирад ва дар фикр меафтад, ки мабодо хонаи мо наояд.

Ман ҳайронам, ки ин Ҳукумати мо барои чи ин гуна ҳаромхурҳоро, ки руирост ба ришваву фасод даст мезананд ва раиси ноҳияро дашном медиҳанд, боз дар сари вазифа мемонад. Ин гуна одам, ки раиси ноҳияро гардан намедиҳад, баъд аз куҷо дар фикри ободиву оромии мардум бошад. Ин гуна корҳову ингуна ҳолатҳоро мебиниву дилат аз ин ҳукумат хунук нашавад, баъд аз кӣ шавад

Бародари азиз аз пушти ин Илҳоми Қувват чандин одамҳоро подстава карда қариб судашон кунанд. Ҳамаи ҷамоъатҳо мардумаш аз вай норозиянд. Ба мардум муомилаи дуруст надорад. Ҳаррӯз менушад, рӯзе нест,ки нанушад. Ошкоро мегуяд ман одами СС.Ятимов ҳастам ва зуртон намерасад ба ман ҳарчизе нависен манда ягон зарар намерасад. Лучше хап карда гарден, ҳо агар СС.Ятимова гирифтанд баъд зуртон мумкин раса мада. Ҳозираш ма дар Фархор гапзанша задагиям!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ. нет»№89 появились сначала на ISLOH.net.