Архивы Тоҷиксодиротбонк - ISLOH.net

«Афёра» по Пировский
Тоҷиддин Пиров, раиси бонки муфлисшудаи «Тоҷиксодиротбонк» чи гуна меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-ро дигарбора аз они худ кард?

Солҳо мешавад, ки дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон фаъолият мекунам. Пештар дар вазорати молия кор мекардам. Ҳозир дар яке аз бонкҳои хусусӣ, ки аз они яке аз духтарони Эмомалӣ Раҳмонов буд, кор мекунам. Барои он «буд» гуфтам, ки ин бонкро солҳо пеш Тоҷиддин Пиров, раиси бонки муфлисшудаи «Тоҷиксодиротбонк» харида буд. Ин бонк «Бонки рушди Тоҷикистон» ном дорад.

Ман инҷо мехоҳам, ки  парда аз руи баъзе аз сиру асрори ҳамин Тоҷиддин Пиров бардорам. Рости гап дар бораи ин шахс шумо дар «Ислоҳ» матолиби хубу хонданӣ ва муҳиммаш воқеӣ чоп намуда будед.

Кутоҳи гап инҷо аст ки агарчи «Тоҷиксодиротбонк»-ро муфлис эълон карданд, аммо ин бонк амалан пул дошт ва тамоми моликияташ ҳифз шудааст ва пулҳои он феълан тавассути «Бонки рушди Тоҷикистон» дар гардиш аст. Аммо ҳазорҳо- ҳазор муштариёни бонки «Тоҷиксодиротбонк», ки бархеаш садҳо ҳазор доллар пасандозҳои худро дар ин бонк гузошта буд, то ҳоло гирифта натавониста истодааст. Медонед чаро? Чунки дар боло пораи калон гирифтанду дасти мардумро аз гиребони Пиров дур карданд. ПировТоҷиддин бо Тахминаи Раҳмонова –Клеопатра бисёр ҳам робитаи хуб дорад ва тавассути он миллионҳоро ба худи Раҳмонов доду ҳоло ҷонашро харид. Аммо на фақат ҷонашро харид, балки ҳоло молу моликияти гуё барои бозгардони пасандозҳои мардум аз тарафи давлат мусодира ва ба фуруш гузошташударо худаш харидааст.

Меҳмонхонаи «Тоҷикистон», бинои марказии «Тоҷиксодиротбонк»,биноҳои ин бонк дар навоҳии кишвар, чанд адад биноҳои баландошёна дар Данғараро, ки маблағи онҳо аз 100 миллион ҳам меафзояд дубора дар музояда худи Тоҷиддин Пирзода, аммо ба номҳои хешу табораш харида аст.

Инро бояд  ёдовар шавам, ки ҳукумат барои пас додани пулҳои пасандози муштариҳои «Тоҷиксодиротбонк» амволи онро мусодира карда ва фурӯши онро тариқи музояда дар биржа гузошт. Ва он вақт дар матбуот хабарҳо нашр шуд, ки «Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон» ҳафт бинои 9-ошёнаи сохтмонаш нотамомро дар ноҳияи Данғара ба музояда гузошт. Нархи ибтидоии биноҳо тақрибан 119 миллион сомонӣ таъйин шудааст. Масоҳати хонаҳо ҳудуди 29 ҳазор метри мураббаъ буда, дар бештар аз ду гектар замин ҷойгиранд. Ба ҳисоби миёна арзиши ҳар метри мураббаъ дар ин биноҳои сохтмонашон нотамом 4 ҳазору 150 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин пеш ҳамин кумита гуфта буд, ки дафтари асосии «Тоҷиксодиротбонк» дар Душанбе ба маблағи беш аз 125 миллион сомонӣ ва меҳмонхонаи «Тоҷикистон»  ба маблағи беш аз 225 миллион сомонӣ ҳанӯз  харидор наёфтаанд. Бинобар шарҳи Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, меҳмонхона аз 139 ҳуҷра иборат буда, зиёда аз ду гектар замин дорад. Баъд ба ин нукта таваҷҷуҳ кунед, ки музояда дар биржаро пушида баргузор карданд ва нархро поин фароварданд. Ҳисобот медиҳанд, ки касе нахарид. Сипас барои онки харидор худашон ҳастанд нархи дастрасро мемонанд. Дар газета эълон доданд. Чор маротиба эълонро нашру бознашр карданд, аммо нархро баланд монданд, касе нахарид. Маълум буд, ки ин ҳамааш схема ва афёраҳои худи Тоҷиддин Пиров аст. Пиров, бисёр шахси муғамбир аст. Вай хуб медонад, ки онҳо гушнаанд, бо ин корҳо омухта шудаанд, як -ду сумашон медиҳад, бо ҳамин тамом. Давлатӣ карданд нархро, яъне баланд карданд, барои ҳамин касе нахарид. Аммо, ҳатто агар пулдорҳо ҳам ҳастанд, аз харидорӣ карданд метарсанд. Чунки аз як тараф Пиров данғарагӣ аст аз тарафи дигар молу пули худро бо хариди ин гуна моликиятҳои гаронарзиш намоён карда худро даступо баста дар чанголи Раҳмонов ва одамони вай намепартоянд.

Дигарбора комиссия  карда нархро поин оварданд. Пиров пешакӣ медонад, ки дар 50 миллион сомонӣ худаш бемалол мехарад. Вай ҳам бо пулу пора комиссияи нархгузорӣ аз Кумитаи сармоягузориро харид. Он вақт Саъдӣ Қодирзода раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ буд. Вай ҷияни Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва қудои Эмомалӣ Раҳмонов мебошад. Зарина Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмонов, муовини Ҳасан Асадуллозода, зани писари Бег Сабур аст. Бег Сабур шогирди Диловари фархорӣ. Диловар Муҳиддинови фархорӣ яке аз бузургтарин наркобизнесҳои Тоҷикистон аст ки дар Маскав зиндагӣ мекунад. Тоҷиддин Пиров бо Диловар ранги акаву додаранд. Пиров ба Диловар Муҳиддинов  подхалимӣ мекунад. Бародари Диловарро, агарчи аз уҳдаи кор намебарояд, чанд навбат ва дар чанд филиалҳои «Тоҷиксодиротбонк» раис монда буд. Ёқуб ном дорад. Аз ҷумла дар километри 9уми Душанбе. Пиров шиферзаводашро ба ҳамин бародари Дидовар фурухта буд. Инро бояд махсус зикр намоем, ки Тоҷиддин Пиров, ҳануз солҳое, ки боевикҳо аз ҷумла Суҳроб Қосим ҳокимият меронданд бо тиҷорати героин машғул буд.

(Дар мавриди баъзе муъомилоте миёни Диловар Муҳиддинов ва Тоҷиддин Пирову Бег Сабур вуҷуд дорад дар дигар бахшҳо муфассал менависем)

Аммо бо вуҷуди ин вақте эълони фуруши охирро дар газета чоп намуданд, нагузоштанд, ки онро дар дуконҳои фуруши рӯзномаҳо тақсим намоянд. Тамоми шумораҳои чопшударо дар худи чопхона мехаранд. То дигарҳо аз эълон бохабар шуда дар музояда ширкат накунанд ва харидор нашаванд. Ҳамаашро хариданд, дар дасти касе расидагӣ нест. Ва дар ҳамон сана меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ба фуруш меравад. Молоткаро мезананд дар биржа. Аммо ин ҷаласа тамоман дуруғин ва сохта аст. Чанд нафар харидорӣ ҷаълиро ҳам ташкил мекунанд, ки онҳо ҳам одамони худи Тоҷиддин Пиров буданд. Хуллас ҳамаи харидорҳо фалшивий ва тамоми ҷараёноти ин музояда сохтакорона буд.

Ба ин тартиб Тоҷиддин Пиров, раиси бонки муфлисшудаи «Тоҷиксодиротбонк» меҳмонхони «Тоҷикистон» дар маркази Душанберо харид. Бале, дуруст ҳамон «Тоҷикистон»-е,ки дар шумори амволи мусодира ва таракакардаи «Тоҷиксодиротбонк» аз тарафи ҳукумати кишвар буд ва мебоист маблағи аз фуруши он ба дастомада ба пардохти қарзҳои муштариёни ин бонки муфлисшуда харҷ мегардид. Де-факто Пиров бо як афёраи камназир меҳмонхонаи пешини худашро боз худаш харидорӣ кард. Саволи асосӣ ин аст ки агар Пиров ба миллионҳо сомонӣ тавони харидории ин меҳмонхонаро дошта бошад, пас,чаро пулҳои муштариёни овораву сарсону саргардонашро барнамегардонад? Ва боз саволи дигар ин аст ки магар Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Ҳукумати Тоҷикистон ин тақаллубу тахаллуфро намебинад ва ё дар ин табаҳкориву чопидану балъиданҳо шарик аст?

Айни замон Пиров як домоди акааш Шералиев Асадулло Миралиевичро раиси ин меҳмонхона мондааст. Ин одам пештар ҳам директори ин меҳмонхона буд. Аммо ҳоло мисле, ки Пиров ҳозир банкрот -муфлис як хона дораду тамом.

Агар дар ин афёра мақомоти ҳукумати Раҳмонов «қуш» набошанд, чи гуна Тоҷиддин Пиров, ки аз мардум садҳо миллион сомонӣ (чорсад миллион қарздор аст ин биноҳоро  харидорӣ мекунад?

Ҳоло акнун савол ин аст ки  Пиров пул дорад, чаро пули муштариҳоро намедиҳад, чаро мақомот ӯро намепурсанд? Маълум аст ки аз муштариҳо сари тарсу бим надорад. Аммо аз ҳукумат чи? Магар Раҳмонов ин ҳамаро намебинад? Мебинад.Хеле хуб ҳам мебинад. Пас чаро ҷилавгирӣ намекунад? Чунки шарик аст. Дар ин дуздиву ғорат шарик аст. Ҳамин бар фарзе 12 миллион доллар ҳудуди150 миллион сомонӣ маблағи шояд панҷ ҳазор муштариҳои «Тоҷиксодиротбонк» аст. Пули барои рузи сиёҳ барои рузи мабодо мондаи мардум. Дақиқан Пиров ҳиссае аз ин пулҳоро ба худи Раҳмонов дод. Ва, Раҳмонов қазияи Пиров ва «Тоҷиксодиротбонк»-ро дар «контрол»-и худ гирифт ва ҳеҷ мақому мақомоте ҳам наметавонад коре бикунад, агарчи ними Тоҷикистонро Пиров фиреб кардаву пулҳояшонро пас намедиҳад.

Яъне ин ба он маъно аст ки ҳам ҳукуматашон ва ҳам тиҷораташон аз шуру чаповулу дуздиву ғорат ташкил шудааст.

Тоҷиддин Пировро дар қазияи Рустам Холиқов, раиси пешини «Тоҷикайр»,ки ҳоло дар боздошт қарор дорад, кашида буданд. Чунки инҳо бо ҳамон самолёти Боинги Пиров, ки дар Эрон ба иҷора дода шудааст, ё кадом масъалаи дигаре чи проблемае доштанд.

Инҷо намехоҳам аз ҳаёти хилвати Пиров ва зану духтари вай суҳбат кунам. Ҳоло онҳо дар Дубай ҳастанд. Аммо аз мақолаи баъдӣ,ки қарор аст бинависам як ҷумларо меоварам:

Суҳроб Муҳаммадӣ домоди генерал Зоиров дар раёсати кредити «Тоҷиксодиротбонк» кор мекард. Вай бо зани касе «қуш» буд, ба даст меафтад, мурданивор мезананд. Як вақт гап-гап буд, ки бо зани Пиров муносибат дорад. Пиров барои ҳамин уро бад медид. Чанд вақт хонаи Пиров намерафт. Аммо як вақтҳо 24 соат ронандаи янга –зани Пиров буд».

Ҳушдори ман ба Тоҷиддин Пиров ин аст ки агар маблағи муштариҳоро барнагардонад дар ин боб ҳам муфассал ҳикоят хоҳам кард.

Аммо як чизро ногуфта наметавонам.Тоҷиддин Пиров пул дорад, аммо пасандозҳои мардумро додан намехоҳад. Маҳз ҳамин пулҳои муштариҳои «Тоҷиксодиротбонк» аст, ки «Бонки рушди Тоҷикистон», ки дар соли 2021 бо 42 миллион сомонӣ зиён ҷамъбаст карда буд, аллакай дар соли 2022 бо даромади 2,4 миллион корро идома дод.

Ps: Дар қазияи Тоҷиддин Пиров ва Қурбон Хушаков ё Раҳматов хело навиштаҳои зиёде омадааст,ки бояд онҳоро ҷудо созему яке паси дигар тақдим намоем. Ҳатман ба номаҳо расидаги хоҳем кард. Ҳоло се нома дар мавриди Диловар Муҳиддинов расидааст,ки хело сиру пиёзҳоро ошкор мекунад. Интизори матолиби ояндаи “Ислоҳ” бошед!

Сообщение «Афёра» по Пировский появились сначала на ISLOH.net.

Т.Пиров миллионҳо доллари вазирони қудратиро барои наҷоти ҷонаш надодааст
(Вижаи чордаҳум)

Ин вижаматлабро бидуни муқаддима оғоз менамоем ва худи матлаб гӯёи ҳол аст.

Ин бор аввал аз саунаи таҳхонаи «Тоҷиксодиротбонк» оғоз менамоем. Ин сауна ҷои ишрату маишати Тоҷиддин Пиров, Қурбон Хушаков, Давлаталӣ Сайидов,Ҳусейн Идиев, Эшони Хайриддин куратори дин дар КДАМ, Хуршед домсоз шогирди Гул Шералӣ, Мансур Умаров, Раҷабалӣ Раҳмоналиев, Сангов Сафар ва чанде дигар аз партнерҳои бизнес ва меҳмонҳои Пиров буд. Ҳоло, гап-гап аст ки ин биноро дар ниҳоят «Спитаменбонк» “мехарад” ва ба эҳтимоли зиёд дар тоқи пешонии он минбаъд на «Тоҷиксодиротбонк», балки «Спитаменбонк» овезон карда мешавад. Зимнан дар музоядаи аввали баргузоршуда на ин бино ва на меҳмонхонаи «Тоҷикистон» дар пойтахти кишвар, ки мутааллиқ ба Тоҷиддин Пиров аст, фурӯхта нашуданд ва шоядам дар дафъаҳои баъдӣ бо қимати мувофиқ барои Ҷамолиддин Нуралиев, домоди Эмомалӣ Раҳмонов, соҳиби “Спитаменбонк”, ки овозаҳо дар бораи муовини аввали сарвазир таъйин шудани ӯ , яъне дар курсии холикардаи Давлаталӣ Сайидов, шаҳрро пур кардааст, фурӯхта бишвад ва харидор ҳам Ҷамолиддин бошад.

«Ва, аммо дар идомаи вижагузоришҳоямон аз кору фаъолияти Пиров Тоҷиддин маълумотҳое ба дастамон расид, ки бори дигар нишон медиҳад, дар ҳақиқат Пиров Тоҷиддин  як аферисти ниҳоят гузаро будааст.»

Сафар Ғаюрович Сафарови марҳум, собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия, собиқ муовини раиси ҲХДТ,  150 миллион доллар дар бонки Пиров пасандоз гузошта будааст. Як бачаи Сафаров герчик мешаваду кадом вақт бар асари тазриқи аз меъёр зиёд-«передоза» мемурад. Ҳоло мегуянд, ки як наберааш Фаромарзро чанд ҳазораш доданду алкашаш карданд. Аммо, Сафаров дар ин бонк саҳмияҳои зиёд ва чунон мебинем маблағи зиёд боқӣ монда будааст. Сафар Сафаров 12% аксияи “Тоҷиксодиротбонк” аз ӯ буд. Вале ҳоло касе суроғ намекунад ва ин пулҳо дар дасти Пиров Тоҷиддин аст. Як домоди Сафар Сафаров бо номи Усмонқул собиқ раиси “Орёнбонк”и Хуҷанд мехост пули депозити гузоштаи хусурашро бигирад,ки Пиров Тоҷиддин тавассути КДАМ ӯро “бе зарар” гардониданд.

«Аз Маҳмадназар Солеҳов, вазири собиқи корҳои дохилӣ 13. миллион доллар дар бонки Пиров пасандоз монда аст. Як ё ду бор Пиров ба бачаи Солеҳов, ки дар Дубай будааст, 400 ҳазор доллар «перевод» мекунаду тамом. Ҳамин тавр аз Матлубхон Давлатов, собиқ муовини аввали сарвазир низ як маблағи бузург дар «Тоҷиксодиротбонк»  банд мондааст.Шумораи маблағи Матлубхон Давлатовро зери 21 миллион доллар гуфтаанд.»

Як саволи мантиқӣ

Бубинед, вақте «Тоҷпромбонк»-ро тафтишу карданд нисбати раиси он Ҷамшед Зиёев парванда боз карданд ва ҳоло вай дар зиндон аст. Албатта, пулҳои ӯро ҳам кашида гирифтанду аз они худ намуданд. Аммо, бо вуҷуди ин ҳама камбуду норасоӣ чаро ба Пиров Тоҷиддин  «чақа» намешаванд, суд намекунанд?

Аз Ҷамшед Зиёев аз дохили ИВС ба “Ислоҳ” чунин маълумот расид. Ҳангомеки ӯро боздошт намуда буданд ва дар дохили “Боздоштгоҳи муваққатии вазорати корҳои дохилӣ” ба наздаш меомаданд ва мегуфтанд,ки агар хоҳи озодат намоянд бояд ту маблағҳои Таҳмина Раҳмоноваро баргардонӣ. Ҷамшед Зиёев ҳам ду миллион доллари Таҳминаро бо додани хона ва моликиятҳои ғаири манқул ҳисобӣ кард. Пас аз ҳисобӣ кардан дигар кораш тамом шуд ва зиндонаш карданд.

Чаро ин ҳама ба ӯ бовар карданд?

Ба он хотир ки СС.Ятимов, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Рамазон Раҳимзода , Мансур Умаров ва чандин нафар аз мансабдорони калон дар дасти Пиров Тоҷиддин маблағҳои калон-калон доранд.

«Вақте Маҳмадназар Солеҳов «осӣ» шуд, тамоми зиндагии ӯро зери тафтишот  бурданд. Идораи коррупсия ба ҳама бонкҳо нома навишта дархост кард, ки дар бораи ҳисобҳои бонкӣ ва маблағҳои пасандозкардаи Солеҳов Маҳмадназар маълумот бидиҳанд. Ҳамаи бонкҳо ин талаботро қонеъ намуданд, аммо Пиров Тоҷиддин ин корро накард ва гуфт пеши ман Солеҳов Маҳмадназар пул надорад.»

Аммо хонаводаи Солеҳов медонист, ки дар ин бонк пул доранд. Пиров, як каме дертар ба бачаи Солеҳов дар Дубай, чуноне гуфтем пул фиристод. Гуфтааст, ки «отаат ҳамин қадар пул дошт. Вале ман ба ин ҳукумат гуфтам, ки ӯ дар бонки мо пул надорад. Ман ба ҳеҷ каси онҳо нагуфтам, ма номард нестам ҳамин амонати отата гир».

Шояд бачаҳои Солеҳов бовар карданд ,ки пули падарашон ҳамин қадар буд ва ё шояд тарсиданд, ки агар даъво ҳам кунанд намерӯяд, пулҳои Солеҳов, ки аз 12 миллион доллар зиёдтар буд, ин ҳам дар ихтиёри Пиров Тоҷиддин қарор гирифт ва то ҳоло дар дасти ӯст. Аммо аҷобати кор дар инҷост, ки баъди онки Пиров Тоҷиддин ба бачаи Солеҳов Маҳмадназар 400.000 доллар мефиристад ҳама ҳукуматиҳо бовар карданд, ки Пиров Тоҷиддин  одами честний ва тоза асту пас аз кушташудани Солеҳов пулро бар гардонид. Дар ҳоле қатрае аз баҳрро ҳам барнагардонида буд.

Киҳо кидат ва ё нима кидат шуданд?

СС.Ятимов дар бонки Пиров Тоҷиддин  50 миллион доллар дорад. 8 миллион доллари Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар дасти Пиров аст. Раҷабалӣ гоҳе, ки хонаи Пиров Тоҷиддин ва ё ҳамон саунаи бонк меомад, бо як Опел-зефира меомад. Дар қафои мошин нишаста, майдаяк, худашро баҷо карда дар сараш як шляпаро кашида меомад. Инҳо меомаданд сауна ба сари пулҳояшон. Пиров Тоҷиддин онҳоро обу зиёфат мекард, арус меовард, дилашонро пур мекард, ки пулҳояшон ҷобаҷо аст. Инчунин дар “Тоҷиксодиротбонк” 10 миллион доллари Зариф Гурез раиси собиқи кумитаи гумрук ҳам боқӣ монду дигар соҳиб надорад. Дар мавриди Зариф Гурез инро низбояд биафзоем,ки ҳангоме,ки ба бемории саратон мубтало шуд ва ба аврупо барои табобат рафта буд .Пулҳояшро талаб кард,то шими дармон намояд . Дар ин ҳолат Тоҷиддин Пиров пулҳояшро чанд маротиба гузаронид 200 ҳазору 300 ҳазор доллари. Ин амалиётро Ҷамолиддин Нуралиев фаҳмида ба Пешво хабар медиҳад вақте аз Пиров мепурсанд, ки ин чи маблағ аст? Пиров мегуяд пули худаш аст ва барои табобаташ талаб дорад,ки фиристем. Инҷо пешво мегуяд хуб барои табобат бошад гузоред табобат кунад.  Раиси собиқи Тоҷик Эйр  ду миллион долларашро Қурбон Хушаков ва Тоҷиддин Пиров гирифтаанду дигар барнагардонидаанд. Чунин афрод ададашон хело зиёд аст, аммо бечораҳо ҳолаташон ҳамон масали тоҷикиро мемонад. “Қандам хурди хап кун, фандам хурди хап кун” Аммо яқин аст ҳамаи ин пулҳои ҳароми фиреб кардаи мардум ва аҳолии кишвар буданд,ки ин дуздону коррупсионерҳо гирифта ва ба дасти ин ғоратгарони моҳир гузоштаанду ҳама ба яғмо рафтанд.

Пиров “бе зарар” гардонии худро пешгирӣ кард?

Аммо, бовар кунед, ки Пиров Тоҷиддин аз еврей дида ҳушёртар аст. Чанд соли пеш, ҳатто даҳ соли пеш, вақте Зайд Саидовро бардоштанд, ҳамон вақт гуфта буд, ки «акнун навбати ман аст». Вай даст зад бо сохтмон. Дар Данғара 9 то доми 9 этажка бардошт. Дар ноҳияҳо, ҳатто ноҳияи дурдасти Ишкошими бадахшон барои бонкаш филиал сохт. Он вақт ҳама таърифу тавсифаш мекарданд, ки тоҷири муваффақ асту барои одамҳо ҷойи корӣ ва маҳалли кор месозад. Аммо, баъдан маълум мешавад, ки барои мисол агар бинои филилаи бонакш дар Ишкошим ё куҳистони Мастчоҳро дар 30 ё 40 ҳазор сохта бошад аз бонк 300.000 доллар «списат» кардааст. Барои ин тарҳи боло навиштан махсӯс команда ташкил карда буд,ки танҳо ба ин кор машғул буданд.

«Ҳоло ба ғайр аз манзили зисташ дигар ҳама дороиҳояш-«недвижимост»-ашро дар бонк залог-ба гарав гузоштааст. Барои мисол меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-ро, ки аз они худаш аст дар бонки худаш залог монда  100 миллион доллар гирифтааст. Хуллас, тамоми чизашро залог монда, пулҳоро гирифта ба хориҷа интиқол додааст.»

Як қисми зиёди ин пулҳоро ба воистаи Муқим Майбалиев, як бадахшонии муқими Маскав ба Русия фиристод ва аз онҷо ба хориҷа. Муқим Майбалиев бародари марҳум Хушназар Майбалиев, коргардон ва директори собиқи театри ба номи Абулқосим Лоҳутии Душанбе аст. Ба воситаи ин одам хеле пули калонро ба хориҷа фиристод. Гуё, ки Пиров аз ӯ қарздор асту ба вай қарзҳояшро баргардонидааст. Ин Майбалиев шаҳрванди Русия аст ва аз рӯи баъзе маълумотҳо ё ҳамкурси Пиров Тоҷиддин аст ва ё инки дар Институти хоҷагии қишлоқ бо ҳам кор карда будаанд, ки одами наздики Пиров Тоҷиддин ба шумор меравад ва ҳар гоҳе Пиров Маскав меомадааст ҳамин Майбалиев ӯро истиқбол мегирифтааст.

«Бо маълумоти дигари расида ба «Ислоҳ» Муқим Майбалиев пуле,ки дар бонки Пиров гузошта будааст он маблағ  панҷ миллион доллар аз губернатори Твери Русия будааст. Инчунин барои шаҳрвандии Русияро  гирифтани Пиров Тоҷиддин ва Хушаков Қурбон ва оилаҳояшон кумак намудааст. Инчунин барои дисертатсияи доктории Пиров Тоҷиддин кумаки шоёне карда будааст. Инчунин барои номзади илми техникии Хушаков Қурбон Раҳматович ва доктории илмҳои сиёсатшиносӣ шуданаш хело заҳмат кашида будааст. Ҳама ин заҳматҳоро ба он хотир карда буд,ки бо инҳо ҳамкорӣ менамояду соҳиби пуле мегардад, аммо…»

Ин Муқим Майбалиев барои Пиров он қадар муҳим будааст, ки аввал пули ӯро медиҳаду сипас пули Озода Раҳмоноваро. Мумкин аст қарздор ҳам буда бошад ва ё ӯ маблағе депозит дар бонки ӯ гузошта бошад. Худи ҳамин факт аз ниҳоят муҳим бадуни Майбалиев барои Пиров шаҳодат медиҳад.. Дар ин тарҳи хориҷ кардани пулҳо директори собиқи генералии меҳмонхонаи “Тоҷикистон” оқои Муҳаббат ва дӯсти Эронии ӯ оқои Манучеҳр як тоҷири муваффақи Эронӣ,ки чанд меҳмонхона дар Эрон дорад сурат гирифта аст.  Боз як факти дигар бародари хурдии Тоҷиддин Пиров Муҳриддин Пиров, ки дар ВКД  муовини аввали СБ буд дар ин тарҳ бародарашро кумак кардааст, агар хоста бошанд номҳои он генералҳои русро метавонем зикр намоем, то ҳеҷ шакку шубҳае барои ҳеҷ касе намонад. Мо намехоҳем инҷо аз пеши худ чизи илова кунем вале ҳолати аслӣ чунин буд. Муҳим ин шакли монёври интиқоли пулҳо ба хориҷ аз кишвар будаанд. Албатта боз ҳам баъзе аз монёврҳои ҷолиби дигар ҳам ҳастанд вале мегузорем онҳоро ба матолиби баъдӣ.

Спектакли Пиров Тоҷиддин дар назди қарздорон

Вақте Пирову командаашро аз раёсати«Тоҷиксодиротбонк»  барои шаш моҳ берун кардаву онро бо ҷалби мутахассисини хориҷӣ аудит гузарониданд, чойи кабудро пешаш мекашиду мегуфт:  ин «калағавс» агар ақл дошта бошад бояд бонкро баргардонаду ба ман диҳад ва боз ба ман пул диҳад, ки кор кунам». Вай президентро «каллағавс» мегуяд.

«То ҷое ин монёвраш гузашт ва онҳое пешаш меомаданд бо нуфӯзе,ки доштанд қаноатманд намуданд “калағафс”ро ,ки бояд барои ин бонк пул дода шавад,то ӯ кор кунад ва пули мардумро диҳад. Албатта мақсади асосӣ пулҳои худи ин афроди зи нуфӯз буд, ки мехостанд пулҳояшонро аз Пиров гиранд. Бил охира тут ба муроди Пиров Тоҷиддин ва депозитмонҳои “камбағал”и дар баданаи ҳукумат пухт.»

Дар ҳақиқат дубора бонкро доданд ва ҳукумат аз 1 миллиард бештар барои вай қарз дод, то бонкро дигарбора бичархонад ва ҳамзамон пасандозҳои аҳолиро бозгардонад. Вақте аудиторҳои хориҷӣ тули шаш моҳ тафтиш карданд, диданд, ки дороиҳои бонк 100 миллион доллар арзиш надорад.

Аммо Пиров 400-500 миллион долларро хориҷа баровардааст. Пули банкро ба хориҷа фиристодааст. Вақте як миллиард зиёдтар доданаш авваин касе, ки амонати мондаашро пас гирифт Озодаи Раҳмон буд, 50 миллион доллар ва нафари дуввум Давлаталӣ Саидов 17 миллион доллари нақд. То онҷо, ки маълумот расид як қисми зиёди пулҳои СС.Ятимовро ҳам, ки гуфта мешавад камтар аз 50 миллион доллар аст, баргардонида дод. Аммо на ҳамаашро, чун сарнавишти раиси  “Тоҷпромбонк” ӯро дучор меомад. Аввалин шарти Давлаталӣ Саид ба Пиров ин будааст: “ма имзо мемонм барои ин пул ба бонк доданро вале якум пулҳои мара мегардонӣ” Пиров Тоҷиддин ҳам розигии худро дода будааст.

«Агар Пиров пули ҳамаи инҳоро медод харсудаш мекарданд. Вале Пиров Тоҷиддин  аз ёд медонист, ки ҳозир агар ман пулҳои инҳоро диҳам маро суд мекунанд ҳама чизамро кашида мегиранд. Пиров гуфт, ки маро намерасед, ба молу дороиям намерасед, ман пулҳоятонро медиҳам.»

Ҳамаи инҳо дар дасти вай пули калон доранд. Аз ҷумла Рамазон Раҳимзода. Пиров пули онҳоро қисман, қисман дода истодааст. Онҳо ҳам агар барои Пиров Тоҷиддин ягон бало пеш ояд, талхаашон мекафад. Барои ҳамин баҷоӣ майда- майда ӯро зашишат карда истодаанд. Аммо аҳолӣ, мардуми бечора сӯхт. Ҳамин қадар қаллоби гузаро будааст, ки меҳмонхонаи «Тоҷикистон».ки 30 миллион арзиш надорад яксаду чанд миллион доллар баҳо карда сад миллиони онро ба хориҷ перевод кардааст. Инчунин чунин маълумотҳое ҳам расида истодааст,ки расчот карданро Пиров Тоҷиддин дар хориҷ аз кишвар ба афроди соҳибнуфӯз ба роҳ мондааст. Аммо боз ҳам бо повишени ҳисобӣ кардан. Аз ин афиёра ҳатман дар бахшҳои оянда хоҳем гуфт!.

Хуб якеашро мегуем,то нагуед чизе нест. Се моҳ пеш дар яке аз раионҳои маъруфи Москов Хушаков Қурбон ба Мансур Умаров як квартираи 130 кв метраро бар ивази маблағи 500 ҳазор доллар додааст. Инро мегуянд ҳисобӣ кардан дар хориҷ аз кишвар.

Тоҷиддин Пиров дар 33 мкр як Авторемзавод дошт бинои чор ошёна ва ҳудуди панҷ шаш гектор замин дошт. Дар дохили он ширкате бо номи Евразия дошт , ки бародари калонаш Маҳмадӣ Пиров раиси ин корхона буд. Онро ҳам «залог» монда даҳҳо миллион доллар пул гирифтааст. Вақте аз ӯ мепурсанд,ки пулҳо ку? ҳамон 9 бинои 9 этажка дар Данғара ва чанде аз биноҳои филиалҳояшро нишон медиҳад, ки дар инҷо масраф шуд. Аммо вай 10 сол пеш гуфта буд, ки «як рӯз ба сари ман ҳам меоянд,уже навбати ман аст,ман ягон кор бояд кунам.» Вагарна ӯ раиси Шӯрои мудирони бонк буд, худро пойин оварду директори бонк монда сипас сар кард барои кашидани маблағҳои бонк ба хориҷа, дар асл пасандозҳои мардумро.

Агар барои ҳамон 9 адад 9 ошиёнаҳои Данғара бисёр харҷ карда бошад 4 миллион доллар мешавад вале 36 миллион долларро «списат» кард. Вақте мепурсанд, ки чаро ин тавр шуд, ҷавоб медиҳад, ки ман тамоми масолеҳи сохтмонӣ, қуму сементу блоку дигару дигарро аз Душанбе кашонидам ва дар он манотиқ масолеҳи сохтмонии муносиб барои сохтмон ба иншоот вуҷуд надошт ва ҳаминхел гарон тамом шуд.

Каме аз корнамоиҳои Қурбон Хушаков ва писари ёғияш

Албатта, Қурбони Хушакови муовинаш ҳам аз Тоҷиддин Пиров камӣ ва монданӣ надорад. Пиров ва Хушаков ранги дугоникҳо ҳастанд. Ягон зот намонда буд, ки инҳо фиреб накарда бошанд.

Писари калонии Хушаков Сорбон ном дорад, дигариаш Эҳсон. Албатта дар матолиби гузашта ҷо ҷо аз онҳо гуфта будем ва дар ин бахш ҳам бояд бигуем. Сорбон ором ва ахлоқаш фарқ мекунад. Аммо Эҳсон ин айни падараш як қаллоби гузаро аст. Эҳсон вақтҳои ахир Пировро ҳам сахт фиреб карда буд. Гуё ваъда кардааст, ки барои Бонки Пиров сармоягузор меорад. Бо ҳамин баҳона наздик ба 150.000 доллари Пировро гирифта майишат карда гашт. Ин маблағро Пиров шахсан худаш роҳӣ карда буд, ки Эҳсон сармоягузор меорадаш  ва бонкашро аз мушкилот мебарорад.

Эҳсон дар Фаронса аст. Намояндаҳои фурушгоҳи Ашани Фаронсаро ҳамин Эҳсон ба назди Пиров овард. Онҳо омаданду гуфтанд, ки агар мисли дигар биноҳои Ашан бисозед, мо ба иҷора мегирем ва кор мекунем. Аммо Эҳсон гапро, аниқтараш гапзанонро ба Пиров таври дигар мерасонад, ки гуё намояндаи Ашан гуфта бошад, ки шумо биноро бисозед, ман пулашро медиҳаму мехарам. Гуё намояндаи тарафи Ашан ба Пиров гуфта бошад, ки 60%  ашро медиҳам боқиашро баъдтар, баъди корро сар кардан ва пеш- пеш. Вақте биноро сохта тамом карданд, баъд маълум шуд, ки гуё «нофаҳмӣ» шудааст, чунки намояндаи Ашан мегуяд, ки ин тавр гапзанон набуд. Шумо бисозед мо аренда мегирем. Чунки биноҳои Ашан дар ҳам гушаҳои дунё аренда гирифта шудааст. Дар ҳаминҷо байни ин дугоникҳо Пиров ва Қурбон Хушаков  як каме сардӣ пеш меояд. Пиров ноилоҷ як ошёнаашро ба Ашан иҷора медиҳад. Дар сохтмони ин бино 16 миллион доллар сарф мекунанд аммо 60 миллион долларро аз бонк списат карданд.

Чанд соли пеш Эҳсони писари Қурбон Хушаков бо мошин як хонум-бухгалтери Дастгоҳи иҷроияи Президентро зада кушт. Ин ҳодиса дар назди Домпечат руй медиҳад. Мошини БМВ-М5-и рангаш кабуд дар ишораи сурх мегузарад ва ба хонуми роҳгузар ончунон мезанад, ки вай ба ҳаво парида ба як дарахти канори роҳ мезанад ва ҷодарҷо мемурад. Боз ӯ синфи 11 буд,ки аслан шаҳодатномаи ронандагӣ надошт.  Дар даруни мошин бачаҳои Пиров ҳам буданд. Хушаков ронандаро «иваз» мекунад ва як ҷиянашро ба ҷойи писараш мегузорад ва ӯ 6 моҳ дар СИЗО мешинад ва давоми як сол аз маҳбас мебароранд. Як моҳ-ду моҳ бачаҳои Пиров ва Эҳсони Хушаковро муллоҳоро оварда мехононанд. Вақте ба Москав Эҳсонро мегурезонанд барои табобат ва вақте корҳояшро дар Душанбе дуруст мекунад падараш ва Эҳсон аз Маскав бо доруҳои мадҳуш кунандаи сахттаъсири Мифедрон ва Кристал бар мегардаду рафиқонашро муътод мекунад ва боз як ҷанҷоли дигарро барпо мекунад,ки Хушаков Қурбон Эҳсонро дар ҳол ба Фаронса мефиристад,то аз шарраш халос шавад.

Қурбон Хушаков дар бари хонаи Пиров дар Водонасос як қасри бузург дорад. Боз болотар, тарафи сементзавод  ду то хонаҳои ба камияш ду миллиондолларӣ сохта аст. Ин хонаҳо беҳад калонанд. Хушаков дар номи ҷиянҳояш ягон сито фирма сабти ном кардааст. Онҳо аксаран ба домсозӣ машғуланд. Аммо Хушаков Қурбон азбаски бисёр ҳам муғамбир аст асосан дар навоҳии атрофи Душанбе Ҳисору Рудакӣ дом мебардорад.

«Хонуми Хушаков Раиса Махсумовна худашро ҷияни Сангак мегирад ва Пировро аслан писанд намекунад. Шумо вайро бинед, гапзании ӯро бинед. Як намуд шаррас мезанад. Қурбон Хушаков дар пеши вай мисли паша аст. Ҳатто Пиров Тоҷиддин аз ин раиса Махсумовна сахт метарсад, аммо иллаташро намедонем. Зани Тоҷиддин Пиров бо галенваген мегирад. Назира ном дорад. Хеле …..аст. Дар любой дачаи  Варзоб бирав, ки айнакҳояш дар чашм бо бачаҳои ҷавон шиштагиаст. Ҳатман ҳамроҳаш Раиса Махсумовна  зани Қурбон Хушаков аст.»

Як рӯз дар Варзоб дар як дача бачаи Гулов Шералӣ Дилшоди прокурори собиқи ноҳияи Фирдавсӣ дохил мешавад,ки Раиса Махсумовна бо чанд зан ва Назираи ҳамсари Пиров  нишаста истироҳат доранд. Дар ин ҳолат занг мезанад ба Ҷалол додари Пиров Тоҷиддин,ки ҳамин янгаи ту кор надорад,ки кадом дача ё дискотекае надаром шиштагияи. Баъд Ҷалол занг зада шикоятро шурӯъ мекунад….

Каме аз зиндагонии Пиров Тоҷиддин

Аммо авлоди зани Пиров одамони аҷоибанд. Назира як бародар дорад. Як умри худо камазист аст. Ҳоло ҳам Камаз ҳай мегуяд. Мегуяд ман ин пулу моли Пировро задагиям. Тоҷиддин Пиров чор писар Синдбод, Беҳзод, Мелод ва якто хурди зардинаи аврупои сурат дорад ва як духтар бо номи Сабрина дорад. Духтараш як қаддарози дастдароз, ранги худи Пиров. Шавҳар кард, кадом бачаи муханасе будааст аст ки   ба хиёлам ҷудо мешавад. Синдбод бачаи калониаш аст, касал буд. Гурда ё ҷигарашро иваз карданд. Духтари холаашро гирифт. Беҳзод як духтари ванҷиро гирифт. Модараш он духтарро дар бозор мебинад, маъқул мекунад. Мегуяд мисли ҷавониҳои худам як зардак аст. Он духтар як бойфренд доштаст. Вайро бо зӯри пул гирифтанд. Падараш дар Маскав буд. Фарёд карда меоранд. Як мерседеси сечка харида доданд ва дар меҳмонхони Тоҷикистон охранник монданд, хуллас, келин карданд. Ин духтари ванҷӣ аз Беҳзод кудакдор нашавам гуфта дору мехурдааст. Аммо пулҳоро мегирифтаасту бо он бойфрендаш кайфу сафо карда мегаштааст. Як вақт телефонашро мегиранду мебиананд ва  перепискаҳояшро бо он бача ба даст меафтад. Он духтар тиллои зиёдро медуздад ва ба он бача гурехтанӣ мешавад. Даракашро меёбанд. Ҳамон тамизкор-уборшитсаи хонаашон доруҳои зидди бордоршавиро меёбад. Ва ниҳоят Беҳзод ӯро талоқ медиҳад.

Сорбон бачаи якуми Пиров бо духтархолааш любов -любов карданд. Духтари апаи Назира асту солҳо пеш мурдааст. Ин зан як духтарашро ба бародари худи Пиров Тоҷиддин Ҷалол додагӣ аст. Сорбон зан нагирифт, зан нагирифту яке ҳамин духтархолаашро гирифту гурехту рафту дар кадом ҷое иҷора гирифту рафт ҷудо зиндагӣ кард. Пиров гуфт оқат мекунам. Сорбон гуфт ҳар коре мекунӣ фарқ надорад, мисли киноҳои ҳиндӣ. Баъд аз онки бо он духтар чанд вақт зиндагӣ кард, дигар ҳама «помиритса» карданд.

«Тоҷиддин Пиров аз занаш қади аҷал метарсад. Аммо мегуянд, ки зани дуввумаш яке аз духтарҳои Шералӣ Гулов, вазири пешини саноат ва энержӣ ва қудои Эмомалӣ Раҳмонов аст. Хушаков як нафареро бо номи Сафаров овард дар филиали бонк роҳбар таъин кард. Дар Водонассос. То ҳозир судбозӣ идома дорад. Наздики 50 -60 миллион сомонӣ ба фирмаҳо бидуни залог қарз додагӣ аст. Яке аз онҳое, ки бе залог қарз гирифтааст Зафари чулоқи домсоз аст. Инро ҳам Хушаков Қурбон  оварда будааст.»

Пиров Тоҷиддин рафиқат шуд хонаат месӯзад

Дар мошеникӣ Қурбон Хушаков Тоҷиддин Пировро гузаронидагӣ аст. Маҳмуд, як нафар уругутии хонасоз буд. Кадом вақт мераванд ба назди ӯ ва хонаи сохтаи ӯро мебинанду Пиров ҳушаш  меравад. Тамоми корҳо дар ин хона дасткориву гаҷкорӣ шуда аст. Аммо хона ниматамом. Мегуяд, ки пул наёфтам, ки анҷом диҳам. Хонаи заминӣ. Пиров Тоҷиддин мепурсад, ки чаро идома надодӣ, мегуяд маблағ проблема шуд. Пиров Тоҷиддин мегуяд,ки ин қадар заҳмат кашидӣ, харҷ намудӣ, ҳайф аст, ки нотамом монад. Биё, аз бонк қарз гир. Кумакат мекунем.

«Он бечора пагоҳ меравад бонк, ки ҷурааш пул медиҳад. Пиров мегуяд барои баҷо овардани расмиёти бонк бояд залог гузошт. Хуллас сари ургутиро тоб дода ҳуҷҷати ҳамон   хонаро Пиров Тоҷиддин мегирад ва ба Маҳмуд қарзро медиҳад.»

Чанд вақт мегузарад. Болои Маҳмуди ургутӣ он қарз ва пенаву просентҳояшро ҷамъ мекунад ва коре мекунад, ки Маҳмуди ургутӣ лол мемонад ва хонаро Пиров аз они худ мекунад. Маҳмуд як марди  зӯри зӯр буд ва хуб мешинохтем ӯро. Вай суд шуду баромад. Ҳоло ҳам бад нест. Аммо он хонаро, ки дар се миллион доллар сохта буд, Пирови ҷурааш бар ивази 300.000 доллар аз дасташ кашида гирифт. Ин хона дар маҳаллаи 8 –марти Душанбе воқеъ аст. 30 сотих майдон дорад. Аз чаҳор ошёна бо зерхонааш  иборат мебошад. Мошинсаро, фаввораҳо ва таҳхона дорад. Он тавассути устоҳо аз Истаравшану Самарқанд сохта шудааст. Пиров рафиқони наздикашро ҳам хеле зиёд кидат кардааст. Танҳо нафароне, ки тавонистанд  пулҳояшонро аз Пиров пас гиранд Озодаи Раҳмон ва Давлаталӣ Саид мебошанд. Вай ба онҳо мегуяд, ки маро спасат кунед то пулатонро бидиҳам ва чуноне дар боло гуфтем вазирони қудратиро кам кам метияд ва барои ҳимояти худаш аст ин кораш.

Ҳозир ҳама бачаҳои Тоҷиддин Пиров ва Қурбон Хушаков дар бонки Шветсария ҳисобҳои худро доранд, ки пулҳои муштариёни “Тоҷиксодиротбонк” дар онҷо ва дар номи онҳо мебошад. Ҳукумат ҳамаи ин ҳолатҳоро ошкор кардааст ва медонад аммо ягон корашон карда натавонистанд. Барои онки ҳамаашон дар ин бонк пул доштанд. Вақте пули Озодаро надода буд, «шогирдҳо»-яш чанд бор пеши Пиров мераванд. Вай валерианкаро ба даҳон карда нолиш мекардааст, ки танҳо ҳамин хонаам  монд, дигар чизе надорам.

«Ҳамин як хонаам мондааст инро ҳам бигиред…. ҳамин хонаро гирифтаниед, бигиред».

Бародари Тоҷиддин Пиров Ғулом Пиров ном дорад, ки дар гузашта одами низомӣ буд. Солҳо дар сохторҳои ҳарбӣ кор кардааст. Абдураҳмони телехи Суҳроб Қосимро ҳамин Ғулом куштааст. Ҳозир бо Файзали Лангариев аст. Аз субҳ то шом маст мегарданд ва корашон президентро ҳақорат карда гаштан аст. Ҳозир агар бар фарзе ягон муштарӣ биравад пеши Пирову бигуяд, ки пулҳои маро баргардон ӯро амният фарёд мекунаду мепурсад, ки ту масалан 40 ё 50 ва ё масалан 200 ҳазор доллар дошта бошад, аз куҷо ёфтӣ? Як бору ду бор даъваташ мекунанду фишор меоваранду таҳдид мекунанд, он муштарӣ, ки бе ин фишорҳо ҳам аз гирифтани пулаш аз «Тоҷиксодиротбонк»-и муфлисшуда дилхунук шуда буд, дигар пайи пулаш намешавад. Ин «система»-и ҷоринамудаи Ҷамолиддин Нуралиев буд. Вақте мудирияти Тоҷиксодиротбонкро гирифтанду як муддате давлатӣ карданд Ҷамолиддин Нуралиев  бо ҳамин васила аз хеле муштариҳо халос шуда буд. Бо ин васила мардумро тарс доду ором кард, то ки барои пулҳояшон тазоҳурот накунанд. Ба гумони зиёд бинои “Тоҷиксодиротбонк”ро “Спитаменбонк”и Ҷамолиддин Нуралиев мегирад.

Поёни бахши чордаҳуми ин вижаматолиби кулоҳбардорони “Тоҷиксодиротбонк” , идома дорад….

Ps: Хонандаи гиромӣ мо дар ин бахши чордаҳум ҳеҷ фалсафагӯие ва шарҳу тафсире тақдиматон накардем ва танҳо бо фактҳо аз ҷиноятҳо ва пулшӯйиҳои ин мошеникҳо ва рабояндагони маболиғи калони аҳолии кишвар гуфтем. Дар қисматҳои баъдӣ аз ҳолот ва ҷиноятҳои дигари ин кулоҳгузорони моҳир хоҳем гуфт, то онҳоро бештар мардум ва мақомоти ноогоҳ фаҳманду огоҳ бошанд. Аз ҳолоти дохилоилавии инҳо ба он хотир мегуем,ки пули мардум дар истифодаи оилаҳои ин гурӯҳ мечархад. Бахшҳои дигари мо ҷолибтар ва аз ҷиноятҳои дигари ин банда хоҳем гуфту тақдиматон менамоем…

Сообщение Т.Пиров миллионҳо доллари вазирони қудратиро барои наҷоти ҷонаш надодааст появились сначала на ISLOH.net.

Э.Раҳмонов барои чӣ фармони “бе зарар” гардонии М.Алимардонов ва Қ.Қосимовро дод?
(бахши дувоздаҳум)

«Аз рӯи нақли Шерхон Салимов мувофиқи супориши пешво, онҳоро сахт тарс медод, то он ки ин ду нафар садҳо миллион пулҳои дуздидаашонро тавассути ягон аъзои оила ба тамос баромада, барои «тинҷ» намудани кору бори худ маблағҳоро то охирон сомонӣ оварда месупориданд.»

Хонандагони азиз! Мувофиқи ваъдаамон мо роҷеъ ба он шахсоне, ки барои муфлисшавии яке аз бонкҳои калонтарини ҷумҳурӣ- «Тоҷиксодиротбонк» гунаҳкор ҳастанд ва ҳазорҳо муштариҳои худро дар як ҳолати бади иқтисодӣ гузоштаанд, таҳқиқоти худро идома медиҳем.

Ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки онҳо бо фарзандони худ оромона бо маблағҳои мардуми ҷабрдида айшу ишрат намоянд. Хушаков Қурбон, Пиров Тоҷиддин, Саидов Давлаталӣ, Ҷамолиддин Нуралиев ва пуштибонҳояшон Абдуғаффор Ҳикматуллозода, Шерхон Салимов ҳатман барои ҷаллобиҳо ва қаллобиҳои худ, ки дар натиҷаи он садҳо миллион доллари мардуми бечораро аз они худ намудаанд бояд дар назди қонун ҷавоб бигӯянд. Албатта имрӯзҳо баъзе аз онҳо дастнорасанд, лекин вақту соат ва замонаш ҳатман меояд. Баъд аз мақолаи охирон, ба сари Хушаков аз якчанд тараф фишорҳо зиёд шуданд, ки ту даҳонатро маҳкам кун, вагарна ба сари ҳамаамон бадбахтиҳо меорӣ. Раиса Махсумовна сахт ба сари Хушаков дод зада гуфтааст:

«Ман Мавлавӣ гуфта дар ҳама ҷой мелақӣ, сиру асрори дӯстони худро дар ҳама ҷой фош карда истодаӣ, ҳама аз оилаи мо хафа ҳастанд, махсусан розҳои акаи Шерхонро барои чӣ овозаву дарвоза кардӣ, ту оқибат сари моро бо лақигиат мехурӣ».

Раиса Махсумовна тасмим гирифтанд, ки Хушаков Қубон Раҳматовичро зери санксияҳои шадиди худ бигиранд. Ба Хушаков графики вохуриҳояшро баъд аз вохӯрӣ бо доктор — психологи оилавӣ худи янга мулло сохта доданд. Мувофиқи тавсияи врач психолог, профессор Салимзода Нурулло, Хушаков Қурбон бояд доимо ором бошад, ба ягон гапу кор асабонӣ нашавад, ҳар рӯз ақаллан як филми ҳиндӣ бубинад, то ин ки фикру хаёли худро каме аз проблемаҳои бурӯз намуда дур бубарад. Албатта, назорати супоришҳои докторро Раиса Махсумовна ба дасти худ гирифта режимро назорат мекунанд. Ҳоло бошад Хушаков Қурбон зиёда аз 100 филми ҳиндӣ ва 60-70 мултфилмҳоро бо пуррагӣ тамошо намудааст. Янга мулло дар утоқи худашон бо дидани филму сериалҳои дӯстдоштаи худ машғул ҳастанд, ки дӯстдоштатарини онҳо кинои «Кровавая Мэри», (про английская королева), «Крёстная мат» — филми амрикоӣ ва сериали русии «Любопытная Варвара» мебошанд, ки Раиса Махсумовна чандмаротибаӣ нигоҳ кардаанд. Дар ин филмҳо роли асосиро занҳои бисёр бераҳм мебозанд.

Ба гуфтаи янга мулло аз ҳамаи ин филмҳои ҳаётӣ бисёр чизҳоро омӯхтаанд, ки имрӯзҳо дар ҳаёту зиндагиашон як дастуре шудааст. Ҳатман бояд тамошо кард, албатта Раиса Махсумовна филмҳои бадро тавсия намедиҳанд. Мо дар ҳақиқат баъзе натиҷаҳои ин филмҳоро ҳис кардаем. Вақте ки як дӯсти бисёр дерина ва наздики Хушаков Қурбон  ба аёдати ӯ вақти бемориаш ба хона меояд, Раиса Махсумовна ӯро ба ошпазхона ҷеғ зада, ба сараш бо кафлеси оҳанин ду се маротиба мезананд, ки ту ҳамроҳи дигарон нон ва намаки хонаи моро хӯрда истода, боз курнамакӣ менамоӣ, ба «Ислоҳ» хабарҳои хонаи моро мерасонӣ. Ин одам нафари якум нест, ки аз дасти Раиса Махсумовна хуб «шатта» хӯрда бошад. Як бечораи эронӣ, ки ба Хушаков ва Пиров бизнес намуда, маблғҳои калони худашро даҳсолаҳо гирифта наметавонад, ӯро ҳам бо баҳонаи хабаркашӣ ва ҳамкорӣ бо «душманон”-и Хушаков, дигар ба телефонҳояш ҷавоб намедиҳанд ва аниқ маблағҳояшро ҳам доданӣ нестанд. Бечора Алиризо Биҳиштӣ аз тамоми бонку ҳамсояҳои худ имрӯзҳо қарздор буда, пуле надоштааст, ки бо телефон бо Хушакову Пиров занг зада сӯҳбат намояд. Акнун боз рӯзаш сиёҳтар шуд, дигар ҳамаи ҳисобу китобро Раиса Махсумовна ба дасти худ гирифтаанду Хушаковро аз масҷид кашида назди телевизион бо диску кассетаҳои филмҳои ҳиндӣ ва мултфильмҳо шинонидаанд, то ин ки дар кӯчаву масҷид лақигӣ накунад. Дар ҳақиқат мардуми қадим рост гуфтаанд: “Ё мард бош, ё дар хизмати зани зӯр бош!!!” Офарин Раиса Махсумовна!!!

«Нақшаи барвақт кашидаи Хушакову Пиров ва аҳлу оилаашон нисбати соли нави 2023-ро дар Париж, дар яке аз ресторанҳои номдори собиқ ≤58≥, ҳоло бошад, баъд аз таъмир, ин ресторан номашро бо номи » Madame Brasserie» иваз намуда, дарҳои худро барои одамони табақаи «болоӣ» боз намудааст ва ҷойҳои нишасти худро 6- моҳ пештар барои шаби соли нави 2023 фурӯхтааст, ки Раиса Махсумовна тавонистаанд бо шиносҳои деринаи худ, як столи 10 нафареро он ҷо барои аҳли оилаи худ ва оилаи Пиров Тоҷиддин фармоиш диҳанд. Аммо сад афсус, ки Хушаков Қурбон ва Пиров Тоҷиддинро якчанд вақт пештар баъд аз вохӯриҳои Хушаков Қурбон бо нафарони дар ҷустуҷӯй буда дар Туркия ва вохӯриҳо бо намояндагони як соҳибкори дигар Аваз Назаров, шиносномаҳояшон ва дастхат оиди набаромадан аз марзи ҷумҳуриро Кумитаи амният аз онҳо гирифтааст. Маълум нест, ки чанд вақт пас шиносномаҳои хориҷии онҳоро Кумитаи амният ба онҳо бармегардонад.»

Хушаков мисли олимони беамал вақтҳои охир ба ёру дӯстони худ насиҳатҳо карда, зиёдтар дар мавзуъи бетарбия ба воя расидани насли навраси Аврупо  ва қонунҳои қабулкардаи парламенти онҳо нисбати озодии инсон, иҷозати гейпарадҳо, оиладоршаии ҳамҷинсҳо ва ҳамҷинсгароиҳо ҳарф мезанад ва таъкид менамояд, ки фарзандони худро ба давлатҳои мусулмонӣ барои омӯзишу кору бор равон кунед. Охир ин қадар одобу зиндагӣ ва қонунҳову рафторҳои он давлатҳои пешрафтаи дунё ба Хушаков маъқул набошад, савол ба миён меояд, ки барои чи худи Хушаков чор фарзанди худро дар Аврупо, садҳо ҳазор еврову фунт- стерлинг масраф намуда дар мактабҳои олӣ хононида истодааст, ҳол он ки писараш барвақт шаҳрвандии Фаронсаро гирифтааст. Духтаронаш иқомати доимии Англияро доранд. Худи Хушаков бо Раиса Махсумовна шаҳрвандии Русияро доранд, канӣ он патриоти ватан?! Ё ин ки қонунҳову зиндагии Аврупо ба фарзандонаш ягон таъсири манфие расонида асту ягон пушаймонӣ дорад аз равон намудани фарзандони худ?! Нисбати фарқи қавми лутиҳои Аврупо ва  мамлакатҳои мо ҳаминро гуфтаниам, ки агар дар як шаҳри калони Аврупо 50 нафар чунин бошад, кушоду равшан қоил мешавад, ки ӯ чунин аст, дар шаҳру районҳои мо мумкин даҳҳо нафар бошанд, лекин ҳама ба тамоми муқаддасот қасам мехӯранд ки ин тӯҳмат аст. Масалан тамоми халқ медонад, ки якчанд роҳбарони калони Точикистон ба мисоли Шерхон Салимов аз ҳамин парода «г.. махфӣ» ҳастанд, ана фарқи тарбияи мову Аврупо. Дар давлатҳои Аврупо, Америка, Англия ва бисёре аз онҳо, ҷинояти вазнинтарини дараҷаи аввал, ин дурӯғ гуфтан аст, дар ватанҳои собиқ шуравӣ баръакс, дуруғ нагуфтан қариб, ки ҷиноят шудааст. Вақтҳои охир Хушаков пурра аз як замоне бонкдор будани худ мункир шуда истода, кушоду равшан худро профессори сиёсатшиносӣ муаррифӣ дорад ва зиёдтари вақти худро бо сиёсатҳои Украинаву Аврупо бахшидааст. Як бонки беҳтаринро бо шефи худ профессори пиёз Пиров Тоҷиддин муфлис сохта, ҳазорҳо оиларо сарсону саргардон сохтанд кам набуд, ки боз ба сиёсати Аврупову Украина даст мезананд, ин давлатҳо бе гуфтаву маслиҳатҳои онҳо ҳам ақлу савод ва мардуми бо нангу номус доранд, ки мамлакатҳои худро ҳифзу обод мекунанд, беҳтараш боқимонда маҳорати худ ва ақлу саводи фарзандони худро истифода намуда, маблағҳои мардуми бечораро баргардонанд! Барои мо фарқе набуд, ки Хушаков ё Пиров Тоҷиддин дар куҷо соли навро пешвоз мегиранд. Агар як гурӯҳ мардуми ҷабрдида боз муроҷиат наменамуданд оиди баргардонидани маблағҳои гумкардаи худ дар “Тоҷиксодиротбонк”.  Мардум хуб мефаҳманд ки аз дасти мо ғайр аз навиштан дигар коре намеояд, лекин мегӯянд, ки ақаллан ба воситаи қалами шумо шояд садои умеди дилҳои моро бишунаванд. Инҳо нафарони аризадиҳанда;

1) Раҷабова Меҳригул — 13 000 доллари ИМА, ҳамсояи Хушаков дар шаҳри Душанбе.

2) Нурзода Муҳаммадӣ — 8750 доллари ИМА, собиқ ронандаи филиали Тоҷиксодиротбонк дар ноҳияи Рӯдаки.

3) Аслов Ҷамшед -17200 доллари ИМА, тренери мактаби спорти шаҳри Душанбе.

4) Бобозода Муҳсин — 32000 доллари ИМА, соҳибкори бозори Корвон.

5) Раҳмонова Мавҷигул — 6500 доллари ИМА, собиқ корманди вазорати тандурустии Тоҷикистон.

6) Раҳматуллоев Файзулло — 11800 доллари ИМА, соҳибкори самти Хитой.

7) Ҷалилова Сарвиноз — 4350 доллари ИМА, корманди шифохонаи Қарияи Боло.

Ҳамин тавр 15 нафар бо суроғаҳои хонаву рақами телефонҳояшон муроҷиати дастҷамъона кардаанд, ки ниҳоят дар як шароити бади иқтисодӣ қарор дорем, ақаллан як қисми маблағҳоямонро баргардонанд, қисми дигарашро ба Пирову Хушаков, Давлаталӣ Саидову Ҷамолиддин Нуралиев мебахшем. Аммо Пирову Хушаков, Давлаталиву Ҷамолиддин дар саргарми айшу ишрати худ ҳастанду ба оҳи ин бечораҳо намерасанд. Бояд каме инсоф кунед, аз Худо битарсанд, аз оҳи мардуми мазлуму бечора битарсанд! Пиров, Хушаков, Давлаталӣ Саидов ва Ҷамолиддин Нуралиев, асосан ана ҳамин 4-5 нафар, ҳамаи маблағҳои мардумро аз худ намудаанд ва бонкро ба нестӣ расониданд!

Корхонаи “Қолинҳои Душанбе”

Як ҳафта пештар дар шаҳри Душанбе, пешво ҳамроҳи писараш Рустам як корхонаи қолинбофиро кушод, ки гуё аз тарафи як соҳибкори ватанӣ Наврӯз Абдуллоев, писари Исмати дулик сохта шудааст. Мо дар ҳақиқат хурсанд ҳастем, ки як корхонаи хуби ҳозиразамон бо садҳо ҷои корӣ ба мардум дарҳояшро кушод. Новобаста аз он саволҳо, ки бо кадом маблағу аз куҷо ёфт,ба ҳама маълум аст, ки Исмати дулик ба тамоми бизнес, аз героин то духтарфурӯшиву вазифафурушӣ ва садҳо дигар ба ном бизнес даст дорад, лекин аҷоибии кор дар дигар ҷой аст, писараш Наврӯз Абдуллоев корманди Кумитаи гумруки Тоҷикистон асту ҳар рӯз дар Душанбе -2, контейнерный двор инспектор мебошад. Дар Тоҷикистон қонуни нав мумкин қабул карда бошанд, ки хизматчии давлатӣ ё коргари мақомоти қудратӣ метавонад боз дар ягон корхонаи дигар роҳбар ҳам дар як маврид кор кунад ё ин ки ин фақат барои фарзандони худиҳо бошад? Боз аз ин ҳам аҷибтараш, як шаб пеш аз кушодашавии фабрикаи қолинбофӣ, агар хабар дошта бошед, дар ресторан «ОК» аз пушти як духтар ду гурӯҳ ҷангҷол шуда, яке аз онҳо якчанд маротиба дар думбааш бо кордча захмӣ шуда буд, ки ҳамин бечора Наврӯз Абдуллоев мебошад, ӯро ҷияни Зоир Соҳибов бо кордча ба думбааш ду -се маротиба задааст, ки дар маросими кушодашавии фабрика худро бо як азоб идора менамуд, падараш Исмати дулик барои «страховка» аз пасаш меистод. Шаб ҷинояткорӣ, саҳар вохӯрӣ бо пешвову пешвоча. Фикр мекунед Рустами Эмомалӣ хабар надошт аз ҳодисаи шаби гузашта ё ин ки хабар надорад, ки Наврӯз дар гумрук кор мекунад?! Хато мекунед. Аз як тараф сардори милисаи шаҳр ва аз тарафи дигар Шоҳрух Саидов ҳатман хабарҳоро мерасонанд. Дар ҳакикат баъд аз чопи мақолаи охирон фишорҳо на танҳо бар сари Хушаков ва Пиров зиёд шуданд. Ҳатто ба унвони «Ислоҳ» низ садҳо номаҳо расиданд, ки зиёде аз онҳо бо далелҳои нав навишта шудаанд.

Оё Шерхон Салимовро туҳмат кардаем ?

Мумкин аст, 30-35% фисади номаҳоро аз ноҳияи Темурмалики (собик ноҳияи Советский) вилояти Хатлон навишта тасдиқи ҳамаи навиштаҷоти мо нисбати ҷиноятҳои содир намудаи муаллим Одина, падари Шерхон Салимов кардаанд. Боз мисолҳои хеле зиёд бо ному насаби ҷабрдидагону шоҳидони воқеаи нангинро навишта, бисёр сипосгузори кардаанд оиди кушоду равшан ва ошкор ҳақиқатро навиштани кормандони «Ислоҳ». Нисбати худи Шерхон Салимов бисёр аз нафарон тасдиқи «дӯстӣ» доштанаш бо шогирдони худ Ғолибу ду- се нафарони дигар бо номи Файзуллову Абдураҳиму Аъзам ва ронандаашро якчанд маротиба такрор намуданд. Мо бо Ғолиб ду- се маротиба ғайрати ҳамсӯҳбат шуданро намудем, лекин бо ҳар баҳона рад намуд, ки Шеф дастур додааст, ки бо ягон нафари ношиносе сӯҳбат накунӣ. Ҷолибаш ин аст ки якчанд нафар кормандони прокуратура сад дар сад асоснок навишта шуданӣ мақола нисбати ҷиноятҳои падараш ва «қавми лут» будани собиқ шефи худро тасдиқ бо далелҳои иловагӣ намуданд, ки дигар шубҳае набояд бошад.

Маълумоти аниқ аз як мақомоти қудратӣ дорем, ки ба пешво ҳамаи асли воқеъаро гуфтаанд. Ҷавоби пешворо дар саҳифа гузашта гуфта будам дар ин ҳолатҳо мо фақат тавба мегӯем, ки Аллоҳ ҳамин тавр шарманда накунад. Сирре нест, ки рӯзе ошкор нашавад, боз вақте ки 3-4 кас бидонанд. Мардуми тоҷик дар давоми 30 сол чунон дилҳояшон «суст» шуда аст, ки сирру асрори байни худро бе ягон мамонияту илтимос , ба дигарон, бо як фахр нақл мекунанд. Калимаҳои «мардиву ҷавонмардӣ ва дар сухани худ истодагарӣ» дар даҳсолаҳои охир барои аксарияти халки тоҷик як афсонае, ки иҷрояш номумкин шудааст, ҳама хабаркашу дурӯя, нисбати якдигар тӯҳмату буҳтон, аз тарси худ ба гуфтани ҳамагуна дурӯғ тайёр будан, ин ҳама талаби ҳукумати имрӯза аз мақомоти қудратӣ ва ин натиҷаҳои «хизматҳо»-и онҳо мебошад.

Барои он ки вазирону генералҳои калон аз мастӣ, аз боигариҳои зиёд доштан ба ҳамин роҳҳои паст даст мезананд, ба мисоли баччабозиву «массажи простата»-и худ. Албатта, якчанд хешу табор ва ҳатто фарзандони Шерхон Салимов низ ба “Ислоҳ” зангҳо зада ба ҳамкориву ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуданд, ки мо ва падарам новобаста аз супоришҳои аз «боло» мешуда ба оппозисияи тоҷик кори баде накардаем ва кордор ҳам нестем. Ҳар як давлат бояд оппозитсияи қавӣ дошта бошад ва ҳатто чи хизмате бошад, бар ивази дигар номи Шерхон Салимовро нагирифтани «Ислоҳ» омода будани худро баён намуданд. Лекин принсипҳои кории кормандони «Ислоҳ», куллан аз принсипҳои кории ҳукумати Раҳмонов фарқ мекунад, барои «Ислоҳ», ҳақиқат, волоияти қонун, адлу инсоф, дар Ватани худ ҳар як фарди оддӣ озоду обод зиндагӣ доштан, озодона ақидарони намудани онҳо хело муҳим аст, ки Тоҷикистон ватани озоди ҳамаи мо тоҷикистониён мебошад, новобаста аз кадом кунҷи ин ватани азиз бошад.  “Ислоҳ” агарчи ҳеҷ хоҷаи хориҷӣ алҳамдулиллоҳ надорад ва бо садҳо мушкилот мувоҷеҳ аст. Аммо виҷдон ва номуси худро ба ҳеҷ қимате нафурӯхтаему фурӯхтани ҳам нестем.

Ин рӯзҳои сахт мегузаранд вале хиёнатҳо ҳатман рӯ мезананд. Мо намехоҳем дар пеши Аллоҳ ва миллат дар дунё ва охират шармсор бошем. Барои мо фарқе надорад, ки прокурор ё суду коррупсия кадом нафареро аз кадом ҳизбу ҳаракатҳо парванда кард ё ба ҳабс гирифт, муҳимаш одилона ва аз рӯйи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ҳақиқатан гуноҳҳоро исбот намуда, баъд ҷазо дода шавад. Сад афсус, ки имрӯзҳо 85=90% нафарони дар маҳкама буда тамоман бегуноҳанд, махсусан вақтҳои охир. Зулм болои зулм аст. Ба як гурӯҳ одамон, ягон қонун дахл надорад ба як қисми дигари одамон гуё зиндагӣ кардан дар ватани худ иҷозат набошад, ки бо ҳар роҳу баҳона ба зиндон равон мекунанд. Ҳазорҳо мисол дорем, ки нафаронро бегуноҳ бо супориши аъзои Оила ва наздикони онҳо, бо супориши вазирону бародарони онҳо ба зиндон равон кардаанд. Маҳз Шерхон Салимов барин прокуророн супоришҳои болоро ба хотири дар сари вазифа дертар нишастан, бераҳмона иҷро менамоянд.

«Дар давраи фаъолияти Шерхон Салимов аз директори Агентии коррупсия то охирон вақти иҷроиши вазифаи Прокурори генералии Тоҷикистон, садҳо ва ҳазорҳо нафаронро бегуноҳ ба солҳои дароз беасос зиндонӣ намудааст. Прокуратураи генералиро аз хешу таборони бешумори худ, аз ҳамкурсу рафиқони худ, фарзандони онҳо пур карда буд, тамоми собиқадорон, ҷавонони болаёқатро бо ҳар баҳонаву санҷишҳои фармоишӣ аз кор бо дасти сардори раёсати кадрҳо ронда буд. Принсипҳои кории ӯ дар ҳама идораҳо ҳамин тавр буданд. Агар панҷ соли дигар дар ин вазифа меистод, аз коллективи 1000 нафараи прокуратура, мумкин аст 70=80% наздикон ва хешу таборони ӯро ташкил медод. Ҳоло бошад дар куҷое нишинад, номи Юсуф Раҳмоновро бо як нафрат мегирад, ки прокуратураи генералиро гуё ба вазорати савдову сохтумон табдил додааст.»

Албатта Юсуф Раҳмонов низ фаришта нест, ӯ ҳам мардуми бегуноҳро бераҳмона бо супориши болову гирду атрофи он зиндон карда истодааст, лекин фаъолияти ӯро каме дертар мардум ҷамъбаст менамояд. “Ислоҳ” дар мавриди Юсуф Раҳмон чандин матлаб дошт ва оянда ҳам дар мавриди ин ҷинояткори ҳирфавӣ матолиб нашр хоҳем кард ва аслан ташвиш набошед.

Ҷиноятҳои Шерхон Салимов дар Коррупсия

Мо дар поён як- ду ҷинояти «майдатарини» Шерхон Салимовро номбар карда мегузарем, ки даҳҳо миллион доллар пора гирифтааст. Баъд шумо худатон хулоса бароред, Юсуф Раҳмонов бизнесмен аст ё ин ки Шерхон Салимов одами бегуноҳ ва фаришта аст. Охирҳои соли 2006, маҷлиси намояндагон лоиҳаи таъсис додани як мақомоти навро ба имзо расониданд, ки роҳбари ин агентии навтаъсиси мубориза бар зидди коррупсия худи Шерхон Салимов аз тарафи Президент таъин карда шуд. Ба ин мақомоти нав президент бисёр имтиёзҳоро дод, то ин ки ягон натиҷаи хуб барои пур кардани бюҷети давлат, камтар дуздиву ғоратгарӣ намудани пулҳои бюҷетӣ ва маводҳои давлат буданд, ки ин яке аз самтҳои асосии ин мақомот ба ҳисоб мерафт. Шерхон Салимов мисли гурги гушна мехост ҳарчи зиёдтар имтиёзот ба ин мақомоти навтаъсис ба воситаи Маҷлиси намояндагон бигираду «даврронӣ» намояд ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Аз рӯйи нақлҳои Шерхон Салимов, пешво дар вақти таъиноти Шерхон Салимов ба директори Агентӣ таъкид карда будааст, ки содиқона ва ҳалол вазифаҳоро иҷро намо, оянда ҷоят маълум аст. Аз рӯзи аввали корӣ ба кадом корҳо машғул шудан, кадом кадрҳои «азхуд» рафтаро шикастан ё ба ҷояш монданро пешво ба ӯ ном ба ном фаҳмонида дода буда аст.

Бе зарар гардонии Муродалӣ Алимардонов

Яке аз ин нафарони ба рӯихати сиёҳи пешво афтида, наздиктарин нафари худӣ, дастурхончии пешво, собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов, ки гуё раисони ҳамаи бонкҳои навтаъсиси Тоҷикистонро аз мардуми ноҳияи Ҳисор, аз ҳисоби хешу табор ва шиносҳои худ таъин карда будааст, тамоми маблағҳои Тоҷикистонро зери назорати худ ва ҳамшаҳриёни худ гирифтааст. Молу амволи хеле зиёд ҷамъ кардаасту солҳои охир дар кӯчаҳои Ҳисор аз мошини худ ба мардуми камбизоат бандҳои долларҳоро тақсим мекардааст. Аспҳои қиматтаринро аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя бо 200-300 ҳазор долларӣ ва ҳатто қимматтар харида меовардааст. Садҳо ҳазор гову гусфандро дар дараҳои Ҳисору Қаротоғ бо шароитҳои хуб нигоҳубин мекардааст. Номаш дар саҳифаҳои журнали “Forbes” ҳамчун як миллиардери тоҷикистонӣ пайдо шуд.  Аз ҳама зарбаи сахт ин шуд, ки зиёда аз 700 миллион доллар маблағи кӯмакҳои хориҷӣ ва қарзҳои имтиёзноки бонкҳои байналмилалӣ дар вақти аудити байналмилалии Бонки миллӣ рӯй зад. Алимардонов гуйё дар баёноти худ ба аудиторон ин маблағҳоро «пешво медонанд» гуфта ҷони худро халос карда бошад, ки баъзе овозаҳо дар интернетҳо пайдо шуда буданд. Ин ҳама боиси қаҳру ғазаби пешво ва рашки аъзои оила шуданд. Баъд аз ин ба хулосае омаданд, ки хеле бой шудаасту оянда хавфнок ҳам ҳаст, боз дар пеш соли 2006 интихоботи президентӣ наздик мондааст. Албатта соли 2006 баъд аз ду се соли бонкдорӣ Ҳасан Асадуллозода маззаи бонкро аллакай хуб чашида буд ва ба боло маслиҳатҳо медод, ки дар Бонки миллӣ одами худӣ бояд бошад, Ҳасан ба худ ишора менамуд, лекин пешво сад фоиз медонист, ки Ҳасан савод ва ақли ин вазифаҳоро пеш бурдан надорад, барои ҳамин аввал бонкро бояд пурра аз кадрҳои Алимардонов тоза намуд. Ба ҳамин хотир аз рӯзи якуми кории Шерхон Салимов, ӯро таъкид намудааст, ки як парвандаи ҷиноятӣ ба Алимардонов оиди фасодкорӣ ва азхудкунии маблағҳои ниҳоят калони давлатӣ ташкил намояд.

Бе зарар гардонии Қосимов Қосим Роҳбарович

Нафари дуввуме, ки бояд нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тамоми маблағҳои дар даҳ соли охир ҷамъ кардаашро оварда ба бюҷети Оила месупорид, ин раиси собиқ вилояти Суғд Қосимов Қосим Роҳбарович буд. Аз рӯйи нақли Шерхон Салимов мувофиқи супориши пешво, онҳоро сахт тарс медод, то он ки ин ду нафар садҳо миллион пулҳои дуздидаашонро бо ягон аъзои оила ба тамос баромада, барои «тинҷ» намудани кору бори худ маблағҳоро то охирон сомонӣ оварда месупориданд. Ин супоришҳоро пешво гуё рӯзи аввали таъинот ба Шерхон Салимов дода, гуфта бошад, ки бо парванда ва кашокаш намудани наҳангҳои калони ҷумҳурӣ мақомоти навтаъсис дар назди халқ обрӯй мегирад ва ҳама роҳбарон тарсон мешаванд, ки дар назди ин мақомот эркаҳои президент ҳам қадру қиммат ва ҳимоя надошта будаанд, ҳол он ки Қосим Қосимовро аввали декабри соли 2006 президент аз вазифааш озод намуда буду дар як ҳолати бисёр хавфнок, доимо интизори пушти панҷара рафтанро мунтазирӣ мекашид. Шиносҳои Қосимов Қосим Рохбарович мегӯянд, ки дар 2-3 моҳ тақрибан 20-25 кг хароб шуда қариб ба алкоголик мубаддал гашта буд. Дар паҳлуяш ягон нафаре намонда будааст, ҳатто ба ном як мушовири роҳзан Эргаш Доминови қаршилик, ки ба тамоми ҷиноятҳои калону хурди Қосимов Қосим бевосита ҳамроҳ мебошад, бо баҳонаи касалӣ худро дар хонаи Прокурори генералӣ Бобохонов Бобоҷон паноҳ карда будааст, ки оиди ин масъалаҳо дар саҳифаҳои дигар дақиқтар менависем. Қосимов Қосим аз феврали соли 1996 то ноябри соли 2006, дар муддати даҳ сол ҷинояту хиёнатҳое, ки нисбати мардуми вилояти Суғд, нисбати соҳибкорону сиёсатмадорон, нисбати молу амволи вилоят, нисбати молу амволи мардуми вилоят, нисбати заминҳои вилоят, нисбати ҷавонони бо нангу номуси ин вилоят кардааст, садсолаҳо фаромӯш намешавад.

Ташкили гурӯҳи ҷиноӣ дар Суғд ва қатлу куштору ваҳшат

Аз рӯзи аввали таъиноташ ба раиси вилоят, дар вилоят аз ҳисоби фақат ҳамкурсони худ як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо армияи худ ташкил намуда, дар давоми зиёда аз даҳ сол то охирон носфурӯшу газетафурӯшони тамоми вилоятро ба «доля» шинонида буд, касе, ки каме саркашӣ ё гап гардонӣ менамуд, ҳатман бо СОБР- и ӯ,ки сардораш бо номи Ҷамшеди Кал ё бо бандаи бародараш Ҷаъфар бо тахаллуси «Шакал» сарукордор мешуд. Тамоми ҷиноятҳояш зери ном ва парчами президент буданд. Дар ҳақиқат бо дастгирии бевоситаи президент ва асосан Убайдуллоев Маҳмадсаид, вилоятро ҳамчун як ҷумҳурии ҷудогона сохта буд, ки ягон вазир ё вазорат, бе иҷозати Қосим Қосимов нафарони зердасти худро роҳбарӣ ё ба вазифа таъин карда наметавонистанд, ҳатто ба маҷлису ҷамъбастӣ сол бе иҷозати Қосимов ба Душанбе даъват карда наметавонистанд. Қосимов Қосим ба воситаи гурӯҳи ҷиноятии Ҷаъфари Шакал ва ҳамкурсонаш даҳҳо кушторҳои фармоишӣ супориш дода ба анҷом расонидааст. Махсусан баъд аз ба вилоят ворид гашта баромадани Маҳмуд Худойбердиев, ки ҳамаи он ҳодисаҳоро аз  мардум то имрӯз хуб дар ёд дорад ва интизори як рӯзи адолат мебошад. Масалан писари бародари Қосимов Зафар, ки ҳоло албатта рутбаи полковник ё генералӣ дорад, писари хоҳари сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳамон замон дар сари вазифа буд аз пешонааш дар маркази Хуҷанд ба қатл расонид, ягон дақиқа ба ҷавобгарӣ кашида ё ақаллан аз тарафи мақомоти қудратӣ пурсида нашуд. Кӣ мепурсад? Магар, Ваҳҳобов Абдурозиқ як гаишники кучагие, ки ӯро Қосимов бидуни розигии вазири корҳои дохилӣ Шарипов Ҳумиддин, бидуни маълумоти олӣ ба вазифаи сардори раёсати вилояти Суғд (началник УВД) гузошта буд. Ё ин ки прокурори вилояти Суғд Қурбоналӣ Муҳаббатов, ки ғайр аз кофтуков ва қасдгирии «душманон»-и Қосимов дигар коре надошт, ӯ пурсиш менамуд? Албатта ҳеч кас то имрӯз Парвиз Қосимовро напурсидааст ва намепурсад. Як мисоли дигар. Ба тарафи падар ва ё амаки яке аз ҷонишинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рофизода Мирзоамон Ҳамдам як магазин тир аз автомати Калашников холӣ намудани Ҷаъфари бародари Қосимовро ягон кас пурсидааст?  Албатта, Рофизода имрӯз аз шарм гӯяд, ки ман намедонам, ё ин ки ин хел гапу кор набуд. Ҳамаи ин ҷиноятҳо мӯҳлати даъво доранд ва каме дигар вақт лозим аст. Ҳамин тариқа ҷиноятҳои сӯиқасд ва куштор, ҳатто наздиктарин шогирдону бародарони худашро бо супориши Қосимов Қосим ва иҷроиши онҳо аз тарафи як гурӯҳ «бандаи» сохтаи Қосимов Қосим Роҳбарович  бо ҳама далелҳояш, санадҳояш дар дасти мо ҳастанд, лекин ҳоло барои тафтишоти одилона ва соф вақт лозим аст. Мавзӯъи имрӯзаи мо Қосимов Қосим нест, нисбати ҷиноятҳои зиёда аз даҳ сол намудаи Қосимов бо як ду саҳифа навиштан номумкин аст. Албатта дар вақтҳои наздик як силсилаи калони мақолаҳоро ба Қосимов Қосим ва фаъолияти ӯ дар мақоми раиси вилояти Суғд мебахшем. Қосимов Қосим дар ҳақиқат эркаи президент ва Убайдуллоев Маҳмадсаид буд, ҷавони 32-33 сола истифода аз мақом ва дастгирии боло хеле «ҳукмронӣ» ва пулҷамъкунӣ намуд. Агар як ҳофиза бо номи Фирӯза Алифоваро аз шавҳараш ҷудо намуда ба зани намегирифт, мумкин аст то пешво он қадар хабарҳои мудҳишу дилхарош намерасиданд. Вақте ки ӯ аз оилаи худ ҷудо шуда ба ҳофиза оиладор шуд, ҳамсари аввалааш ба хонаи президент, ки рафтуо дошт, омада ҳамаи сиру асрори Қосимов бо тахаллуси «Кичкинтой»-ро бо миқдори маблағҳои ҷамъкардааш, бо тамоми сирру асрори оилаи Қосимовро ва дар вактҳои охир орзуи оянда президент доштанашро нақл карда додааст.

Баъд аз шунидани нақлҳои якчандсоатаи ҳамсари Қосимов, ҳуш аз сари пешво паридааст, махсусан орзуи президентӣ. Ба ҳама маълум, ки ин орзу ҳатто ба ҳеҷ шаҳрванд мумкин нест. Ана ҳамин ҳолатҳоро дида истода, президент ба роҳбари ин мақоми навтаъсиси Агентии зиддифасод Шерхон Салимов супориши махфӣ ва қатъӣ дода аст ки Қосимов ва Алимардоновро парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд.

Қосимов Қосим Роҳбарович бо Прокурори генералии он замони Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов ва раиси КДАМ Хайриддин Абдураҳимов муносибати хуб дошт. Онҳо мумкин аст бо ҳар баҳона то охир иҷро намекарданд. Лекин вақт нишон медиҳад, ки пешво назар ба дигарон дар мавриди Шерхон Салимов зиёдтар иштибоҳ карда будааст.

«Хулосаи гап дар он аст ки Шерхон Салимов, ба маълумоти дақиқи мо ба воситаи як бизнесмен, ки дар оянда номашро менависем, аз Қосимов Қосим зиёда аз панҷ миллион долларашро гирифта аст, ва аз Муродалӣ Алимардонов низ зиёдтар аз панҷ миллион долларашро гирифта, бо ҳар баҳонаҳо, гуйё факту рақамҳо кофӣ нестанд барои оғози парванда, даҳҳо кушторҳои фармоишӣ, садҳо ҷиноятҳои махсусан вазнин ин факту далел набудааст. Боз дар пеш интихоботи президентии соли 2006 мебошаду бояд тинҷу ором бигзарад. Барои он ки аз пушти ҳардуи ин нафарон халқи зиёд истодаанд, ба чашми пешвои худ хок пошида, се- чор устоди донишгоҳҳо,панҷ- шаш нафар кормандони тиббу якчанд нафар кормандони кумитаи заминҳои ноҳияҳо ва боз якчанд судяҳоро бо ришвахуриву порагирӣ дастгир намуда, як соҳибкори исфарагиро, ки бо номи Низомхон Ҷӯраев мебошад ва доимо дар хизмати хешу табори оила камар баста, фикр мекард, ки қудоҳову бародари президент дастгириаш менамоянд бо 33 нафар кормандону хешу табораш парвандаи пур аз дурӯғу тӯҳмат сохта, пешворо якчанд соли дигар бо ҳамин тариқа корҳои тамоман нолозим тавонистааст сарашро гаранг намояд.»

Бо як тӯҳмат сари прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохоновро низ хурд, ки гуё писараш Файзулло Бобохонов фасодзада аст ва дар охир ҷояшро соҳиб шуд. Зиёда аз ин сиру асрор, ҳасрату армонхояшро, ки байни ӯву пешвояш шудааст, солҳои охир ҳамчун ёддоштҳо, Шерхон Салимов ба Хушакову Пиров ва дигарон бо алам нақл мекунад. Дар навбати худ Хушаков бо Пиров низ рафиқон доранд ки нақл мекунанд. Дар урфият мегуянд, ки «Кабк аз даҳони худаш тир мехӯрад». Умуман армону ҳасрату аламҳои Шерхон Салимов бо як -ду мақола тамомшавӣ надорад, лекин мо ҳатман ҷиноятҳояшро ҳам бо якҷоягӣ дар оянда менависем. Даҳҳо ҳавливу даҳҳо квартира, якчанд миллионҳои худро дар дасти соҳибкорон чарх медиҳад бо ному насаби онҳо, ба кадом ширкатҳои сохтумони маблағҳои худро ҳамчун инвеститсия дода онҳоро аз мақомотҳои қудратӣ зери ҳимояи худ гирифтааст. Ба Юсуф Раҳмонови қудо прокурор ками дигар лозим аст, ба мисли имрӯзаи Шерхон Салимов пулу мол ҷамъ намояд. Агарчӣ Юсуф Раҳмон ҳоло пас аз қудо шуданаш имтиёзҳои бештареро соҳиб шуда асту даврон дорад.

Шерхон Салимов яке аз собиқ мансабдорони ҳукумати имрӯза мебошад, ки мисли ӯ ҳоло хеле бисёранд ва ба ҳар яки онҳо садҳо варақ маълумот аз наздикону дӯстонашон, аз кормандони ба миллату ватан содиқи мақомотҳои қудратӣ ба «Ислоҳ»  меоянд.

Поёни қисмати дувоздаҳуми ин силсила матолиби мо дар ин маврид, идома дорад….

Ps: Албатта “Ислоҳ” дар ҳар матлаби роҷеъ ба ин ҷинояткорони дар бадани ҳукумати “пешво” таҳқиқоти мӯшикофонаи худро идома хоҳад дод. Бовар кунед дар мавриди ҳар як нафари ин афроде номҳояшон зикр шуда даҳҳо сафҳа маълумот омадааст ва танҳо бояд ҳамаи онҳоро ҷо ба ҷо гузорӣ ва як таҳқиқ намудану нашр кардан аст. Аллоҳ муваффақамон кунад, то чеҳраҳои ин ҷинояткоронро барои миллат ва мардум бо шакли бояду шояд тақдим намоем.

Сообщение Э.Раҳмонов барои чӣ  фармони “бе зарар” гардонии М.Алимардонов ва Қ.Қосимовро дод? появились сначала на ISLOH.net.

Хушаков бо Аваз Назаров часпониданӣ. Одина, падари Шерхон Салимов чаро 10 сол ҳукм гирифт?
(бахши ёздаҳум)

Хонандагони гиромӣ. Ин бор ҳам як каме мунтазиратон кардем. Вале ваъдаамонро фаромӯш накардаем. Талошамонро барои ошкор кардани шахсияти нафароне, ки боис шуданд яке аз бонкҳои калони кишвар “Тоҷиксодиротбонк” муфлис ва садҳо хонавода хонахароб шавад ва «схемаҳои дуздиву пулкоркунии онҳо» идома медиҳем. Мо, бо ин навиштаҳо ҳадафамон ин аст, ки онҳоро як каме ба номус ва виҷдон оварем то пулҳои мардумро пас диҳанд. Мехоҳем тавассути афкори умум таъсир бирасонем, ки агар заррае виҷдон ва имон доранд аз паси пардохти пули мардум шаванд. Аз маблағҳои ба оффшорҳо пинҳоннамудаи худ, ба номи зану фарзандон гузошта, аз амволи харидорикардаи худ бигзаранд ва пули мардумро бидиҳанд. Ва дар ин навишта ҳам ҳамин масъаларо пайгирӣ кардаему ба он авлавият ва диққати ҷиддӣ додаем.

Дар ин нашри вижаматлаб дар бораи Шерхон Салимов ва падараш муаллим Одина ҳам маълумотҳоеро мехонед,ки барои бори аввал нашр мешаванд ва ман итминон медиҳам,ки муи танатон сих мешавад.

Ҳоло шуруъ кунем аз «Тоҷиксодиротбонк»

Аҷоибии кор дар он аст як чанд нафар дӯстону рафиқони Тоҷиддин Пиров ва Қурбон Хушаков роҳбарони ҳам акнун бонки мавҷуднабудаи “Тоҷикисодиротбонк” солҳои аввали бонкдориашон ба онҳо дӯстона маслиҳат доданд, ки аз уҳдаи бонкдорӣ намебароед. Чунки тамоман таҷрибаи ин соҳаро надоред. Боз бадии кор дар он аст ки мутахассисони беҳтарини бонкро, ки даҳсолаҳо кор мекарданд, «ин одами бегона» гуфта аз кор рондед.

Тоҷиддин Пиров ва Қурбон Хушаков ба ҳамаи ин маслиҳатҳо нигоҳ накарда, бо он нафароне, ки маслиҳат доданд, ҷангҷолҳо карданд, ки мо худ профессор ҳастем ва ҳамаро беҳтару бештар мефаҳмем. Мисол меоварданд, ки пешво раиси як хоҷагии майдатарин ва қашшоқтарини ҷумҳурӣ буд,  солҳои зиёд роҳбарӣ дорад, магар мо як бонкро идора карда наметавонем. Ҳамин тавр, то охирон коргари оддии бонкро аз шиносу ҳамшаҳриҳои худ бо беҳтарин мутахассисон иваз намуданд. Дар Тоҷикистон мутахассис на он қадар қадру қимат дорад, дар Тоҷикистон бояд хушомадгуй, хабаркашӣ хуб бошӣ ва ҳатман «Раис ман ба шумо ҷонамро медиҳам« гуфта тавонӣ, дар он сурат, ту кадри «худӣ« ва карйераи хуб пайдо менамоӣ. “Тоҷиксодиротбонк” низ кадрҳои беҳтарини худро аз Фархору Кули Суфиён ана бо ҳамин принсип ҷамъ намудааст. На фақат дар “Тоҷиксодиротбонк” ин ҳолат ҷой дошт, балки аз рӯзе, ки пешво пайдо шудааст, ин сиёсати кадрӣ дар тамоми вазорату идораҳо ривоҷу равнақ ёфтааст. Пешво доимо дар телевизион шарм накарда мегуяд, ки «мо бояд маҳалгароӣ накунем» лекин худаш баръакси гапҳои худ амал мекунад. Масалан нафари аввал аз ягон қишлоқи Данғара ё Фархору Кангурту Колхозобод бошад, то охирон қаравули дарвоза ҳатман аз он ҷой мешавад. Нисбати маҳалгароӣ садҳо маротиба гуфтем ва боз мегуем. Аз рӯйи маълумотҳои ба даст овардаамон, бо баҳонаҳои зиёд, ҳеҷ кас аз қаҳрамонон намехоҳад бо хоҳиши худ маблғҳои дуздикардаро аз “Тоҷиксодиротбонк” баргардонад, то ин ки як қисм маблағи мардум руйпуш гардад. Дар хонаҳояшон ҷангҷол, ҳама асабонӣ, оилаҳои ҷавонон аз ҳам пошида ва вайрон шуда истодааст. Масалан ҳамсари Сорбон, келини Хушаков Қурбон баъд аз чопи мақолаҳо тарки хона намуда, ба назди падару модараш, ба шаҳри Маскав рафтааст. Раиса Махсумовна ба ин рафтори келин тоб наоварда, сахт хашмгин щуда, ӯ ҳам ба сӯйи  Маскав сафар кард ва дар назди падару модараш келинро   бераҳмона латукуб ва дилашонро хунук карда ба Душанбе баргашт. Ба падару модараш ҳам таҳдид кард, ки агар ба Тоҷикистон поятон расад аз прокуратураву коррупсия халос намешавед. Раиса Махсумовна рост ҳам мегуяд. Барои он ки аз як тараф ҷонишини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Абдуғаффор доимо «янгаҷон чи хизмат» гуфта меистодааст, аз тарафи дигар собиқ Прокурори генералӣ низ дар давраи нафакахурӣ вақти зиёди худро дар назди оилаҳои Хушаков Қурбон ва Пиров Тоҷиддин мегузаронида асту доимо ба хизмат тайёр будани шогирдони худро ёдовар мешудааст. Аз нашр шудани бисёр сиру асрори оила, Раиса Махсумовна тасмим гирифтааст, ки тафтишотро (расследования) ба дасти худ гирифта, нафари хиёнаткоре, ки дар байни дӯстони Хушакову Пиров ҳастанду сирру асрор ва ҳамаи хабарҳоро ба “Ислоҳ” мерасонад пайдо намуда, сахт «наказать» кунад. Ба фикрам Раиса Махсумовна романҳои детективии Агата Кристиро бисёр хондаанд ё филмҳояшро тамошо кардаанд ё ин ки бо прокуророн зиёд ҳамнишин шуданд. Аз ин хотир ба сари якчанд рафиқони куҳнаи оилавӣ, мисли шери мода, сахт дарафтода беобруй ва бо суханҳои қабеҳ онҳоро дашном доданд. Ин ҳолати янгамуллоро фаҳмидан мумкин аст. То чопи мақолаҳо дар “Ислоҳ”, ҳафтае 2-3 маротиба дар ресторанҳои беҳтарини шаҳри Душанбе бо оилаҳои Тоҷиддин Пиров, Давлаталӣ Саидов, як қатор прокуророн вохурӣ ва хурсандиҳо доштанд. Вақти овардани хурокҳо ҳама бо як кафкубиҳо чак-чак мезаданд ва ба пешхизмат «чаевые» медоданд.Ин миннатдорӣ ба шеф-повар будааст, ки  пухту пазро аз Фаронса омӯхта будааст. Ҳоло бошад ин хурсандиву «гаштак»-ҳо ба дили ҳеҷ кас ҷой намегирад. Ҳама аз ин вохуриҳо худдорӣ намуданд. Албатта, ҳамаи ин «стресс» аст  ва ба саломатӣ зарар дорад.

Вақтҳои охир ҷаласаҳои Қурбон Хушакову Тоҷиддин Пирову Ҳусейн Идиев ва дигарон бо қоидаҳои нав, нисбатан махфӣ ва бехатар мегузаранд. Барои он ки дигар ба ҳеҷ кас боварӣ нест.Хушаков дар охирон ҷаласа бисёр нолиш намуд, ки корро сари ягон пружа сар накарда алакай касе ба “Ислоҳ” хабар мебарад. Бисёр хуб нест, ки суханҳо ва дарди дили Шерхон Салимов ва хизматҳое, ки ба мо муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Абдуғаффор кард ва карда истодааст овоза шудааст, ки ба карераи ӯ дар оянда зарари худро мерасонад. Мо, ҳар касе, ки ин ҷо иштирок менамояд, бояд бо китоби муқаддас касам бихурад, ки гап дар ҳамин ҷо бимонад. Аммо афсус, ки «девор муш дорад, муш гуш дорад».

Дар евротури охирон Қурбон Хушаков дар Европа, бо як намояндаи соҳибкори тоҷикистонӣ Аваз Назаров, ки ҳоло дар Узбекистон сохтумонҳои стансияҳои обӣ оиди тавлиди барқ ва сохтумони тунелҳо машғул аст, вохурӣ намуда роҷеъ ба нақшаҳои ҳамкории Эрону Узбекистон ҳамсуҳбат шуд. Он ҷо қайд кард, ки дар Тоҷикистон хеле соҳибкорӣ душвор шудаасту ба мушкилиҳои зиёд дучор мешавед. Ҳамаи бизнесҳои калон дар дасти хешу табори Оила аст. Аз ин лиҳоз мехоҳем барои сохтумонҳои ГЭС-ҳо ва тунелсозиҳо ё дигар пружаҳои Узбекистон иштирок намоем. Чунки дар ин ҷумҳурӣ қонун каме кор мекунад ва бо маҳсулотҳои сохтумонӣ ба мисли арматураву сементҳои маркаи М-1000, ки барои сохтумонҳои махсус истифода бурда мешаванд аз Эрон ба Узбекистон равон намоем. Намояндагони ширкати Аваз Назаров низ ба ҳамкорӣ розӣ шуданд, фақат бидуни пешпардохти маблағи маҳсулот. Ба фикрам онҳо низ аз вазъияти Хушаков Қурбон бохабар ҳастанд. Хушаков Қурбон ғайрат намуд, ки онҳо ба ӯ бовар кунанд, ки одами боимону намозхон, муллову ҳалолхур аст. Лекин онҳо гуфтанд, ки ҳар фарди мусулмон бояд ҳамин тавр бошад, на фақат шумо. Шарти ҳамкории мо ин аст, маҳсулотро то гумруки Узбекистон мерасонед, баъд маблағатонро мегиред. Ҳоло бошад Хушаков Қурбон  дар ҷустуҷӯйи ягон соҳибкор-инвестори «худотарс», ки ба амру маъруфи Хушаков фирефта шуда, ягон миллион доллар ба Эрон пешпардохт кунад аст. Зеро,ки эрониҳо ҳам дигар ба ин академики тоҷик, мавлавии асри 21 бовар намекунанд. Новобаста ба ҳолати имрӯзаи Эрон, ки митингҳову бесарусомониҳое шаҳрҳои Эронро фаро гирифтааст, Хушаков Қурбон  ба муҳлати ду рӯз ба воситаи Туркия рафт. Лекин аз рӯйи ахбори мо ба Раиса Махсумовна дуруғ гуфт, ки фақат ба Туркия меравад ва қафо бармегардад, чунки Раиса Махсумовна дигар Хушаковро ба Эрон танҳо рафтанӣ намегузорад, ки мавлавӣ боз ба «корҳои сиёҳ ва сиғакуни»— и худ машғул нашавад. Аммо муҳим як сафаре ба Эрон ҳам доштааст ва ҷузъиёти ин сафар баъдан ба тафсил нашр мегардад.

Падари Шерхон Салимов бо чӣ ҷурме зиндонӣ шуда буд?

Давоми розу асрори Шерхон Салимов, собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон

Шерхон Салимов худ қоил мешавад, то замоне, ки вакили порлумони Тоҷикистон интихоб нагаштам, ҳақиқати ҳолу зиндагии мардум, нобаробариҳои ҷамъият, қонуншиканиҳои беинсофона ва беадолатона аз тарафи мақомҳои қудратӣ, аз тарафи фарзандони хешу табори пешво, вазирону мақомдорон ва сарватмандонро ҳис намекардам ва то охир хабардор ҳам набудам. Дар порлумон вақти зиёде доштем, ки сари ҳамаи ин вазъият андешае намоем ва ба хулосае омада будам, ки агар ба ягон мақомоти қудратӣ сардор таъин шавам, ҳатман содиқона ба халқ, барои обрӯйи худ ва боинсофу боадолатона хизмат менамоям. Ҳамин тавр худро таъриф намуда, бо як фахр гуфт, ки Агентии зидди коррупсияро худам аз сифр сохта ба яке аз мақомоти қудратии беҳтарин табдил додам. Соли аввали корӣ миллионхо сомонӣ ба бюҷети давлат фоида овардем. Ягон нафарро дар давраи роҳбариам дар Агентии коррупсия ва Прокурори генералӣ будан ноҳақ ба ҷавобгарӣ накашидам, новобаста аз он «заказ»-ҳои пешвову Оила ва хешу табори онҳо. Лекин Бобохонов Б.К. ва Юсуф Раҳмонов тамоман мустақил нестанд. Бераҳмона фақат дар иҷроиши фармонҳои ҳамаи авлоди пешво мебошанд. Махсусан Юсуф Раҳмонов фармони бисёре аз кадрҳоро дар офиси “Ориёнбонк” бо супориши Ҳасан Асадуллозода мебарорад, ки ин тамоман обрӯйи  Прокуратураро паст кардааст. Кадрҳои босаводро тамоман қадр намекунад. Масалан Зокир Назаров — сардори раёсатро, аз болои ман ба президент ариза навишт гуфта, алайҳаш парвандаи ноҳақ оғоз намудаасту ҳоло дар СИЗО нигоҳ дошта истодааст, то он вақте ки Зокир Назаров аз вай узру бахшиш бипурсад. Ҳол он ки Зокир Назаров нисбати ман ҳам норозигӣ менамуд. Вай, ки инсони ҳақиқатпараст буд, ман ба ӯ бисёр вақт розӣ ҳам мешудам. Аз мактуби ба номи президент навиштаи ӯ хабардор ҳастам, ягон сухани ноҳақ ё туҳмат онҷо навишта нашуда аст. Ҳақиқат, дарди диле, ки байни кормандони прокуратура ҳаст, ҳамонро мардонавор навиштааст.

Ман ҳайрони сиёсати пешво мешавам, ки корманди собиқадори прокуратура ба Сарвари давлат шикоят оиди нобаробариҳои роҳбарияташ намудааст. Пешво бошад ӯро ба дасти ҷаллод супоридааст. Бар ивази он ки Юсуф Раҳмоновро танбеҳ кунад, ӯро кунҷи зиндон кардааст. Ҳол он ки ман дар ёд дорам, солҳои 2002-2004 кумаку дастгириҳои Зокир Назаров намебуданд, мумкин аст имрӯз дар мақомоти прокуратура Юсуф Раҳмонов кор намекард. Худи Юсуф Раҳмонов хуб мефахмад, ки гап дар бораи кадом кумаку дастгириҳо меравад. Ман дигар дар нафақа ҳастам, парвое аз хафа шудан ё нашудани ину он надорам. Ҳамин тавр дарду розҳои зиёде дорад Шерхон Салимов, ки дар бораи онҳо дар саҳифаҳои оянда хубтару бештар пешкаш менамоем. Ҳоло бошад, пеш аз навиштани як лаҳзае, ё ҳақиқате ва саргузашти Салимов Шерхон садҳо маротиба «тавба» мекунем ва аз Аллоҳ доимо талаб менамоем, ки ҳеҷ бандаи мусалмонро гумроҳ  ва мутеъи шайтони лаъин насозад. Ин нақли ҳақиқатан тасдиқшуда аз саргузашт ва ҳаёти падари Шерхон Салимов, муаллим Одина, ки аз забони як муаллими куҳансол, шоҳиди ҳамаи ин ҳолатҳо будааст ва ҳамчун мутахассиси ҷавон дар ноҳияи Советский баъд аз хатми институти педагогӣ, аз рӯйи тақсимоти вазорати маориф равон шудааст, рӯйи коғаз меоварем. Агарчи он муаллим розигии худро ба мо дод, то ин ки бемалол ному насаби ӯро нависем, чун ин ҳодиса дар газетаву журналҳои ҳамон давра ҳам буданд, ягон ҷойи пушида надорад.

Падари Шерхон, муаллим Одина, ки дар ноҳияи собиқ Советский, дар солҳои Иттифоқи советӣ аввал муаллим ва солҳои охир директори мактаб-интернати кудакони маъюб ва маълул таваллуд шуда ( школа -интернат для детей-инвалидов и детей с ограниченными возможностями здоровья) роҳбарӣ менамудаст. Нисбати муаллим Одина миқдори лозимӣ маълумот ба даст овардем. Дар солҳои муаллимӣ то охирон рӯзҳои корӣ дар ин мактаб, даҳҳо кудакони маъюбро таҷовуз мекардааст. Аз сабаби бисёр сахтгир ва бадқаҳр будани муаллим Одина, якчанд кормандон, ки ин ҳолатро медонистаанд ва ҳатто дидаанд аммо аз тарс ба касе намегуфтаанд, чунки аз як тараф кудакони маъюбу гапи онҳо на он қадар қувваи ҳуқуқӣ дорад, аз тарафи дигар ҳамчун касалӣ ба онҳо мақомот мумкин аст бовар накунанд. Ҳамин ҳолат солҳои дароз давом кардааст. Яке аз муаллимон, ки бо Одина Салимов баъд аз ҷангҷол аз мактаб озод мешавад ба шуъбаи КГБ-и вилояти Кулоб нисбати ин ҳодисаи мудҳиш ва дилхарош маълумоти пурра медиҳад. КГБ дар давоми камтар вақт аз паси муаллим Одина назорат ва маълумот ҷамъ намуда, дар вақти содир намудани ҷиноят дастгираш менамоянд. Аз рӯйи нақли муаллим, дар он давра ин бисёр як парвандаи пур сарусадо, нангин ва шармандаворе буд нисбати устодон, омузгорони мактабҳои Тоҷикистон, ки дар газетаву маҷаллаҳои собиқ Иттифоқи советӣ бо тамоми забонҳо нашр шуда буданд ва даҳҳо маротиба дар ҷаласаҳои вазорати маорифи СССР ин мавзуъ муҳокима ҳам  шуда буд. Намояндагони вазорати маорифи Тоҷикистон сари худро дар байни намояндагони дигар ҷумҳуриҳо боло карда наметавонистанд. Дар рафти тафтишоти парванда маълум гашт, ки муаллим Одина, даҳҳо писарбачаи маъюбро солҳои дароз таҷовуз мекардааст, ки бечора кудакони маъюби бегуноҳ ба ин муаллими ҳайвонтабиат ягон муқовимат нишон дода наметавонистаанд. Муаллим Одина бо тафтишот ҳамкорӣ намуда, зиёде аз ҳолатҳоро бо ихтиёри худ нақл кардааст. Дар мурофиаи судӣ, муаллим Салимов Одина ба тамоми гуноҳҳои худ иқрор шуда, афсус хурда аст ва аз кудакону муаллимон бахшиш пурсида аст. Суд хамаи ин ҳолатҳоро ба инобат гирифта ба муаллим Одина 10 сол ҳукм дода ба зиндони режими сахт (строгий режим) равон намудааст. Агар баъд аз сари қудрат омадани Раҳмонов ин ҷиноятро ягон нафар содир мекард ҳоло на кам аз 30 сол ҳукм мегирифт, вале агар муаллим Одина мебуд мумкин аст ҳукм ҳам намегирифт, чунки ӯ зодаи Кангурт аст.

Дар замони шуравӣ ба фикрам аз ҳама ҳукми зиёд қатл ё 15 сол буд. Ҳукмҳое, ки ҳоло  нисбати мардуми бегуноҳ содир карда мешаванд, махсусан Шерхон Салимов барин вакилон пешниҳод ва тасдиқ кардаанд, ки ин хел ҳукмҳои ноодилона ба 25-30 сол мумкин аст дар каме аз давлатҳои дунё бошанд, нисфи ҳаёти одам мебошад. Масалан Зайд Саидовро ба ҷурми гуё духтари ноболиғро таҷовуз намуд, 30 сол худи Шерхон Салимов аз суд ҳукм талаб намудааст, бо як туҳмати холӣ ва бе шоҳид. Ин як даҳшат аст!!!

Биёед сари мавзуъи асосӣ мегузарем. Тасаввур намоед, ки Салимов Шерхон бо ана ҳамин тарҷимаи ҳол, то кадом мақому мансабҳо расида аст. Агар замони шуравӣ мебуд, дар ягон мақомот майдатарин мансабро соҳиб намешуд. Лекин ба туфайли ҳамин пешво ба ин мақомҳо расида, аммо боз нисбати пешво, ношукрӣ, норозигӣ, ғайбат ва сарзаниш менамояд. Салимов Шерхон соли 1994 вақте ки аввал прокурори ноҳияи Фрунзе ва баъдан ҷонишини Прокурори генералии Тоҷикистон таъин гашт, кори аввали худро аз архиви Суди Олии Тоҷикистон шуруъ намуд. Моҳи аввали кориаш, падари худро бо як қарори пинҳони сафед намуда, тамоми парвандаро сиёсӣ хонд ва ҳама маводро аз архивҳо гирифта нобуд сохт, роҳи худро сафед намуд то ин ки дар оянда ин масъала садди роҳаш нагардад. Он солҳо Раҳмонов дар фикри президентӣ буд ва ақлаш ҳам ба ин корҳо намегирифт. Мо боварии комил дорем, ки Раҳмонов баъдтар шинохта аст ки Шерхон писари муаллим Одина будааст, лекин аз як тараф «сари кал таги тоқӣ», аз тарафи дигар, вақти лозимӣ ба Шерхон Салимов ёдоварӣ менамояд, ки вай писари кист ва доимо бояд шукри пешворо намояд. Мо ба Шерхон Салимов ягон хусумати шахсӣ, бадбинӣ надорем. Лекин мехоҳем мардуми тоҷик бифаҳманд, ки солҳои дароз дар тими Раҳмонов чи намуд нафарон, дар мансабҳои баланд роҳбарӣ менамоянд. Мо албатта нисбати дигар нафарони воломақом ҳам рости гапро бо факту далелҳояш менависем. Солҳое, ки Шерхон Салимов ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагон кор мекард, ҳамроҳи худ як ёрдамчӣ бо номи Ғолиб дошт. Салимов баъд аз рафтан аз Маҷлис ба Агентии зидди коррупция ва Прокуратураи генералӣ Ғолибро ҳамроҳ гирифта рафт. Ин ягон кори бад нест. Бисёре аз роҳбарон ҳамин рафторҳоро доранд. Аҷоибии кор дар он аст  ки ба Ғолиб дар Маҷлиси намояндагон Шерхон Салимов «массаж простата»-ро омӯзонидааст. Бо баҳонаи онки ду- се зан дораму агар касе маро «массаж» накунад, ман бо занҳоям алоқаи ҷинсӣ карда наметавонам. Ғолиб ҳам ба хурсандии шефи худ нигоҳ карда, оҳиста-оҳиста бо пои сеюми худ, «массаж простата»-ро яке аз вазифахои асосии худ қабул намуда бо «сари баланд» хизмат мекардааст.Ғолиб дар карйера ҳам боло рафт. Рутбаи ҳама аз лейтенант шуруъ шавад, аз они Ғолиб аз майор шуруъ шуд. Пулу мол ҳам пайдо намуд. Албатта аз оилаи худ ҷудо ҳам шуд. Шеф таскин медод, ки зиқ нашав, мо якҷоя ҳастем, оянда ҳамааш хуб мешавад. Дар байн солҳои зиёд гузаштанд, Ғолиб ҳамроҳи шефи худ «зиндагӣ»— ро давом медод. Бисёре аз наздикони Салимов аз ин муносибатҳо пай бурда буданд, лекин ҳама метарсиданд, шеф «без пяти минут маршал», боз сари ғазаб наояд?

Дар чашми мардум Шерхон Салимов як марди хоксору босавод, инсони комил, намуна барои дигарон, лекин бубинед дар асл чи гуна инсон аст. Барои ҳамин гуна шахсон Ҳофизи шерозӣ гуфтааст:

Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, в-он кори дигар мекунанд.

Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис боз пурс,

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

Хеле аз кормандони Агентии зидди коррупция ва Прокуратураи генералии Точикистон аз ин корҳо хабар доранд. Ин навиштаи мо барои онҳо навигарӣ ҳам нест. Лекин аз навиштани ин мақола мақсад дигар чиз мебошад. Ҳамаи мо ба гардиши чархи гардун бояд бовар кунем. Падари Шерхон Салимов даҳҳо кудакони бечораву маъюби беҳимоятро таҷовуз мекард, имрӯз бошад писари ӯро каси дигар таҷовуз мекунад. Дуруст аст ки бо хоҳиши худи генерал ӯ таҷовуз мешавад. Аммо аҷоибии кор дар он аст ки Ғолиб танҳо нест. Ғолиб соҳиби пулу вазифа шуд, забонро посбони сар гуфта мегашт, лекин ронандаи Салимов Шерхон ба КГБ гиря карда аризаро бо дасти худ навишта назди роҳбарияти Кумитаи амният рафтааст, ки маро Шеф доимо маҷбур мекунад. Дигар бо зани худ хоб карда наметавонам, ягон чора андешед. Кормандони КГБ ронандаро ором карда, ҳамаи ҳолатҳоро зери видео пурсон намуда, ариза ва дискро давида ба назди пешво бурдаанд. Саволи аввали пешво ин будааст, ки Шерхон «актив» ё «пассив» ? Бо афсус фаҳмониданд, ки       » пассив». Баъд аз шунидани ин суханҳо, пешво як ҳақорати сахти куҳистонӣ карда   дигар сураташро набинам гуфтааст. Асоси аз вазифа барканор шудани Салимов Шерхон ҳамин ҳодиса аст, на он афсонаҳое, ки худи Шерхон Салимов ба Пирову Хушаков нақл менамояд.

Шерхон Салимзода кидат шуд

Ҳоҷӣ Зикир Шарипов , яке аз бизнесменҳои пулдори кангуртӣ, соҳиби тарабхонаи «Старий дуб», ки дар кучаи Юных Ленинцев Маскав воқеъ мебошад аз одамони наздики Шерхон Салимзода ба ҳисоб мерафт ва ҳар гоҳе Шерхон Салимзода Маскав меомад истиқбол ва бадрақа ва зиёфатҳо ташкил мекард. Шерхон Салимзода бештар бо Нусратулло Абдуллоев, собиқ раиси Суди Олии Тоҷикистон, ки ҳарду ҳамкурсанд меомад. Ҳоҷӣ Зикир онҳоро сауна мебурд. Онҷо як навъ гили табобати дошт, ки ин ҳарду мақъадҳояшонро аз он гил пур мекарданд. Онҷо боз яктоӣ арусашон ҳам меовард. Чанд бор негритиянкаҳоро туҳфа кардааст, то Прокурори генералӣ ва раиси Суди Олӣ дам гиранд. Аммо ин рафоқати Шерхон Салимзода бо ҳоҷӣ Зикири кангуртӣ барояш бисёр ҳам гарон тамом шуд. Сухан дар бораи он меравад, ки Шерхон Салимзода аз новостройкаҳои ноҳияи  Район Выхино-Жулебинои Маскав, дар наздикии МКАД як манзили сеутоқаи бо масоҳати 110-120 метри квадратиро ба маблағи 15 ё 18 миллион рубл ба номи ҳоҷӣ Зикир мехарад. Аммо ба бахти бади Шерхон Салимзода ҳоҷӣ Зикир Шарипов бар асари ибтило ба коронавирус вафот мекунад. Шерхон Салимзода назди ҳамсари  ҳоҷӣ Зикир меояд изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ мекунад ва сипас мегуяд:  «янга ҳуҷҷатҳои ҳамон квартираро ба номи ман кунем, чун вай аз они ман буд». Зани ҳоҷӣ Зикир мегуяд, ки бираву аз худи ҳоҷӣ Зикир бигир ва Шерхон Салимзодаро меронад. Ҳамин тавр ба ин миқдори пул собиқ Прокурори генералӣ месӯзад.

Хонанда азиз, мабодо фикр кунед, ки мо дуруғ, туҳмат карда истодаем. Мо барои чи номи Рамазон Раҳимзода ё СС. Ятимовро намегирем, ё ягон нафари дигареро. Барои он ки нисбати дигар камбудиҳои ин вазирон маълумот зиёд ҳаст, лекин мисли «хислат»-ҳои доштаи Салимов Шерхон, нисбати онҳо маълумот надорем. Масалан маълумотҳои аз ин қабил амалҳо нисбати Фатоҳ Саид ва даҳҳо мақомоти баландпояи дигар ҳам дорем, ки дар фурсати муносиб онҳоро низ хоҳем гуфт. Барои чӣ Рамазон Раҳимзода ва СС.Ятимовро ёдовар шудем? Бале ҷинояткоранд, бале золиманд вале чунин нестанд, мардона ончи ҳаст бояд гӯем. Худованд нафареро, ки зинокорӣ бо ҳамҷинси худ мекунад, ҳатман шармандаи ин дунё мекунад, новобаста аз мақому пулу молу мулкаш. Хеле маълумотҳои дигаре нисбати Қурбон Хушакову Пиров Тоҷиддин ва Давлаталӣ Саидову Ҷамолиддин Нуралиев ва махсусан Ҳикматуллозода Абдуғаффор ва Салимов Шерхон ҷамъ шудааст, ки дар навиштаҳои оянда ҳатман тақдиматон менамоем.

Поёни бахши ёздаҳум, бахши дувоздаҳуми мо ҷолибтар ва парда аз рӯйи амалкардҳои дигари қаҳрамонони манфии “Ислоҳ” хоҳем бардошт, ки воқиан ҷолибанд.

Сообщение Хушаков бо Аваз Назаров часпониданӣ. Одина, падари Шерхон Салимов чаро 10 сол ҳукм гирифт? появились сначала на ISLOH.net.

Шерхон Салимов: «Шамсуллоро бо як тонна героин қапидам, пешво озодам кард»
(бахши даҳум)

Хонандаи азизи «Ислоҳ» мо,бо далоили айнӣ як каме дар идомаи навишти  вижабарномаҳоямон таъхир кардем. Ҳам худамон бо корҳое, ки ғайримунтазира пеш омад банд шудем ва ҳам яке аз қаҳрамонони асосиамон Қурбон Хушаков ба иллати шикастани пояш дар беморхона бистарӣ шуд. Фаҳмидем, ки қаҳрамонҳои мақолаҳо дар як вазъияти нохубе қарор доранд. Фишорҳояшон баланд, асабҳояшон хароб, дар оилаҳояшон ҷангҷол, байни фарзандон низ як нафрату бадбиниҳо нисбати падарони худ буруз кардааст, то ҳатто хабари вайроншавии оилаҳо низ ба гушамон мерасад. Барои ҳамин каме сабрро пеша намудем. Аз рӯйи маълумотҳо Раиса Махсумовна баъд аз ошкоршавии баъзе аз сирру асрорашон сахт хашмгин шуда, ба Қурбон Хушаков шарт гузоштааст, ки як бори дигар номи ман ё номи фарзандони маро, ки ҳама дар Аврупо таҳсил мекунанду маълумоти олӣ мегиранд бо бадӣ, ҳамчун ҷинояткор ё фарзандони ҷинояткор дар интернет гирифта шавад, дастаи белро дар сарат мешиканам. Аз як нигоҳ инро эътирофи ба гуноҳ мегӯянд, ки он хуб аст.  Вале боз ҳам ба хотири ҳифзи саломатӣ ва вайрон нашудани як оилаи «пешрафта»-и ҷамъият, мо дар ин мақола аз онҳо ёдовар намешавем, то ин ки Хушаков сиҳату саломат бошаду маблағҳои мардумро баргардонад. Лекин мувофиқи ваъда намегузорем, онҳоеро, ки ин қадар мардуми бечораро хонахароб намудаанд, бо як -ду мақола ҷони худро халос намоянд. Факту рақамҳои хеле зиёде дар даст дорем, ки ба навиштану нашри онҳо моҳҳо низ кам мебошанд. Онҳо бояд фаҳманд, ки оилаи ҳазорҳо нафарро ба ҳолатҳои хело бад ва вахим расонидаанд.

Ахбороти дақиқе дорем, ки баъзе аз маблағгузорон баъд аз садҳо маротиба кушиш барои баргардонидани маблағҳои худ ноком шуда, даст ба худкушӣ задаанд. Баъзе аз онҳоро нақл менамоем, лекин барои ба шаьну шараф ва обрӯйи оилаҳои онҳо нарасонидани зарари худ номи онҳоро ифшо наменамоем. Яке аз муштариҳои бонк, зиёда аз 100 таблеткаи заҳрнокро дар як маротиба хурда худро нобуд сохтааст.  Ва нафари дигар аз ҷангҷоли зану фарзандон ва таънаи онҳо дигар тоқат накарда, худро ба дор овехтааст. Ҳарду ҳам ҷамъоҷамъ тахминан 120 ҳазор доллар маблағи худро, махсусан баъд аз мулоқот бо Хушаков Қурбон ба ҳисоби «Тоҷиксодиротбонк» гузоштаанд.

Боз як гурӯҳи дигар даҳҳо маротиба навишта илтимос менамоянд, ки номҳои онҳоро бо адресу телефонҳояшон нашр намоем, то ин ки аз ягон мақомоте наздашон омада онҳоро пурсиш намояд. Махсусан ин нафарон бо як дилшикастагӣ ва эҳсосот 4-5 маротиба муроҷиат намуданд. Маҷбур ҳастем номҳояшонро нависем. Дар рӯйхати бонк ҳам ин номҳо ҳастанд;

1) Самадова Зулфия — 8750 доллари ИМА.

2) Мирзоев Гулмурод — 11400 доллари ИМА

3) Турдибоев Худойбердӣ -14750 доллари ИМА

4) Ҳасаналиев Мирзоавлиё -53000 доллари ИМА

5) Раҳимзода Аслиддин — 17300 доллари ИМА

6) Бобомуродов Файзалӣ — 4350 доллари ИМА

7) Расулова Наргис- 7700 доллари ИМА

8) Бобозода Муҳаббатхон — 9800 доллари ИМА

9) Исмоилзода Бурихон — 6500 доллари ИМА

10) Вализода Акбаршо — 22500 доллари ИМА

Нигоҳ кунед, мардум чи қадар дар як ҳолати ноумедӣ ва эҳсосотӣ қарор доранд, ки ба ҳама роҳ тайёранд барои баргардонидани маблағҳои гумкардаи худ. Ҳатман бояд Пиров Тоҷиддин ва Хушаков Қурбон дигар мутассадиёни Тоҷиксодиротбонк худро эҳтиёт намоянд, то ин ки ба ҷонашон ягон нафаре қасд накунад. Гурусна ба шер мезанад. Охир Пиров Тоҷиддин ваъда дода буд бонки мо мисли дигар бонкҳо нест ва дар тезтарин вақт пули пасандозҳои муштариёнро бар мегардонем. Кай бар мегардонанд? Чунки ба доди онҳо ягон мақомоти қудративу ҳукуматдорон,то имрӯз нарасиданд. Мо дар навбати худ ҳамаро ба сабру шикебоӣ даъват менамоем, ки ҳатман гунаҳгорон ҷазояшонро мегиранду халос. Хушаков Қурбон  ва Пиров Тоҷиддин ҳамаро ба мисли ҷонишини аввали Прокурори генералии Тоҷикмстон Ҳикматуллозода Абдуғаффор харида наметавонанд! Аз рӯйи  гуфтаи Хушаков Қурбон ӯ бо ҳамроҳи Пиров Тоҷиддин ин кадрро, яъне Ҳикматуллозода Абдуғаффорро аз давраи студентиаш дар тарбияи худ гирифта то ин мақоми баланд ба воситаи пулу шиносҳои худ расонида бошанду ӯ якумр бояд дар хизмати онҳо бошад. Боз хешу табори наздики Хушаков Қурбон ҳам будааст. Аҷабе нест, ҳарду ҳам аз ноҳияи Фархор ҳастанду ҳамдигарро хуб мешиносанд. Пиров Тоҷиддин якчанд маротиба гуфтааст, ки чанд кадрҳоро дар мақомоти КГБ ва Прокуратураи генералӣ ба вазифаҳои баланд расонидем, рутбаҳои генералӣ гирифта додем. Лекин дар вақти зарурӣ курнамакӣ намуданд. Лекин Ҳикматуллозода Абдуғаффор то ҳозир содиқона хизмат карда истодааст, на ба мисли Шариф Қурбону Воҳидов Ҳабибулло ё Раҷабаливу Қурбоналӣ Муҳаббатов.

Крышаи бо қувват дар генпрокуратура дорем

То имрӯз Хушаков Қурбон ва Пиров Тоҷиддин ба воситаи Ҳикматуллозода Абдуғаффор нисбати муштариёни Тоҷиксодиротбонк, ки қарзҳои калони бонкии гирифтаашонро пурра то охир пардохт намудаанд, бо далели гуё фоизҳояшро дар вақташ напардохтаанд, даҳҳо парвандаҳои бофтаву сохта ташкил намуда, аз қисми зиёди онҳо маротибаи дуюм зери фишори мақомоти қудратӣ маблағҳо ситонидаанд  ва қисми дигаре, ки маблағ надорад ё ки нахостааст такроран маблағи беасос бидиҳад, парвандаҳоро амалӣ гардонида онҳоро ба ҷустуҷуй додаанд. Мисолҳои дақиқ нисбати ин ҳолатҳо пешкаш менамоем. Ба ивази хизматҳояш нисбати Хушаков ва Пиров Ҳикматуллозода соҳиби як ҳавлии ҳозиразамон бо тамоми шароитҳояш шуд, ки ба гуфтаи “спонсоронаш» таги як миллион доллар масраф шудааст.

Бисёре аз муштариёни бонк ин ҳолатҳоро фаҳмида, аризаҳои худро нисбати қонунвайронкунӣ ва шантажу фишорҳои раҳбарияти “Тоҷиксодиротбонк” ба воситаи дигар мақомоти қудратӣ ба мисли Агентии зидди коррупсия, вазорати корҳои дохила ё ин ки ба Кумитаи амнияти миллӣ навиштаанд, ки боз ба дасти Ҳикматуллозода Абдуғаффор, ҳамчун назоратчии қонунҳо ин ҳама аризаҳо  расидааст. Яъне ягон нафаре аз даъвогарон ба натиҷаи хуб то имрӯз муваффақ нашудааст. Бовар дорем, то рузе, ки пуштибони ҷиноятҳои садҳо миллионаи Хушаков Қурбон ва Пиров Тоҷиддину Ҳикматуллозода Абдуғаффор бошад, мардуми бечора ғайр аз муроҷиат ба пешвову оилаи ӯ, ё ки ба маҷаллаҳову сайтҳои интернетӣ илоҷи дигаре надоранд. То имрӯз мардум фикр мекард, ки бисёрии ҷиноятҳои Хушакову Пиров ва фарзандони онҳоро собиқ муовини аввали раиси Кумитаи амният Мансур Умаров руйпуш ва менамуд. Лекин имрӯзҳо даҳҳо ва садҳо далел тасдиқ карданд, ки шарики тамоми ҷиноятҳои онҳо, нотарсии онҳо ва фарзандонашон, ин муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Абдуғаффор будааст. Мо дар навбати худ тамоми ахборотро нисбати шахсият ва ҷиноятҳову крышватгариҳои Ҳикматуллозода Абдуғаффор муайян ва чоп менамоем. Албатта, бовар дорем агар Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон ба воситаи муовинаш Ҳикматуллозода Абдуғаффор аз ин корҳо манфиатдор, яьне пора нагирифта бошад, ба ин ҳолат ягон таъсире мерасонад. Имрузҳо баъд аз хешу табор шудан бо пешво ҳатман зураш ба муовинаш мерасадагист,  мумкин пештар зураш намерасид. Барои он ки пешво ягон вазиру раисро таъин намояд, ҳатман як- ду муовинонро фақат барои хабар бурдану хабар овардан нисбати роҳбаронашон таъин ва таъкид менамояд,то дасту гӯши худаш бошад дар он ниҳодҳо. Албатта ғайр аз муовинони писару духтари худаш.

«Аз рӯйи  нақлҳои Хушаков Қурбон, Ҳикматуллозода Абдуғаффорро дар давраи Прокурори генералӣ будани Шерхон Салимов бо масрафҳои зиёд, тарбияи хуби кареравӣ намуда, ба ин мақоми ҳозирааш номзад сохта будаанд, ва «спонсорон» ба Салимов Шерхон миннатдорӣ ҳам намуданд. Лекин баъд аз қудо шудани Юсуф Раҳмон бо пешво, Хушаков, Пиров, Ҳикматуллозода, Салимов Шерхон ва боз як гурӯҳ прокуророн хело зиқ шуданд. Онҳо боварӣ доштанд, ки Ҳикматуллозода Абдуғаффор дар солҳои наздик Прокурори генералӣ мешавад. Акнун тарбуз пурра аз бағалашон афтид.»

Шерхон Салимро аз генпрокурорӣ ду дело барканор кард

Шерхон Салимов мегуяд, ки Юсуф Раҳмон дониши кофии юридикӣ надошта бошад ҳам, бизнесмен ва стратеги хуб будааст. Ин муминободӣ бо як шайтонигарӣ дили пешворо ёфта хешу табор ва худро дар курсӣ мустаҳкам намуд. Баъд боз Салимов Шерхон хизматҳои гуё кардааш ба пешвову Ҳасан Асадуллозодаро нақл карда сабаби аз вазифаҳо рафтанаш ва бадбинии пешворо нақл кардааст. Аз рӯйи нақлҳои Шерхон Салимов, парвандаи Зайд Саидов ӯро бо пешво душман сохт. Гуйё пешво пеш аз ба суд равон кардани парванда, пурсида бошад, ки нисбати Зайд Саидов чанд сол ҳукми зиндон дар суд мепурсад, Салимов Шерхон гуфта бошад, ки парванда аз тарафи Агентии зидди коррупция на он қадар қавӣ сохта шуда аст. Барои се зан доштани Зайд Саидов 2-3 сол фикр мекунам кифоя аст. Ҷиноятҳои дигар аз рӯйи қонун бо ҷарима ва ба авфи солҳои пеш рост меояд. Пешво баъд аз шунидани ин суханони Прокурори генералӣ сахт дар ғазаб шуда гуфта бошад, ки ё на кам аз 25 сол зиндон мекунӣ ё ин ки нафари дигар ба ҷойи ту пагоҳ таъин мешаваду ӯ  ин супоришро иҷро мекунад ва пешво  гуфтааст :  «ин сагзодаҳоро мо бояд нест кунем ва оромона давлатдорӣ намоем».

Шерхон Салимов дар як ҳолати ногувор монда супоришро маҷбурӣ муқобили виҷдон ва қонун гуйё иҷро карда бошаду ҳукми аввалро ба 26 сол ва ҳукми дуюми парвандаро то 30 сол талаб намудааст. Ниҳоят Зайд Саидов 29 сол зиндонӣ шудааст. Аз ҳамон вақт бадбинии пешво нисбати Шерхон Салимов сар шудааст. Барои ҳамин бори дуввум Салимовро ба ин мақом пешниход накарда аст. Аз як тараф гуш мекунед, гуфтаҳои Шерхон Салимовро ҳайрон мемонед, ки агар ту ин қадар «честный» ва бо виҷдон мебудӣ, аз вазифа истеъфо медодӣ, то ин ки ба хотири як соли вазифа ба чунон ҷинояти вазнин даст назада, худаш гуфта истодааст, ки одами бегуноҳро ба 29 сол зиндон кардааст.  Магар худи Салимов Шерхон се зан надорад?!  Албатта ин иқроршавихо дар оянда зарур мебошанд. Ҳамаи Тоҷикистон хуб медонад, ки ҳукмҳои 70-80% парвандаҳои сохтаву бофта аз рӯзи аввали оғозаш дар утоқи кории Пешво ё дар Ориёнбонк бароварда мешавад. Ин бе гуфтаҳои Шерхон Салимов ҳам ба мо маълум аст. Шерхон Салимов мегӯяд, ки баьд аз рафтан аз вазифаи Прокурори генералӣ, хеле даводав ва масрафҳои калон намуда бо ёрии Ҳасану Озода боз ба вазифаи нав, директори Агентии зидди наркотика таьин шудааст. Аз рӯйи ёддоштҳояш, дар давоми кори кормандони Агентӣ як гурӯҳи калони наркобизнесҳоро пайгирӣ намуда бо зиёда аз як тонна героин дастгир менамоянд. Дар вақти дастгир намудан, сардори ин гуруҳи муташаккили ҷинояткор, мехоҳад бо роҳбарияти Агенти гап занад.

Шерхон Салимов фикр мекунад, ки ин нафар барои озодии худ, ягон маълумоти муҳиме   медиҳад ва як ба як ҳамроҳи сардори гурӯҳ гап мезанад. Сардори гурӯҳи ҷинояткор мегӯяд, ки ин ҳолатро овоза накунед, ин героинҳо азони Шамсулло Сохибов мебошад, мо фақат кормандони ӯ ҳастем. Ҳуш аз сари Шерхон Салимов мепарад ва бо тезӣ қабули пешворо мепурсад. Вақте ки ба пешво ҳолати корро нақл мекунад, пешво дар ғазаб омада ба тарафи Шерхон Салимов дод зада мегуяд: “агар фаҳмида бошӣ, ки бори Шамсулло аст, боз бо кадом ақл назди ман омадӣ, мехоҳӣ маро бо ин кор муттаҳам созӣ, ё ин ки аз ман иҷозати ба ҷавобгарӣ кашидани фарзандамро мепурсӣ?  Афсус, ки бори дигар ба ту бовар намудам, баро рав». Ана ҳамин тавр ин ҷиноятро руйпуш намуда, героинҳоро боз то ҷояшон расонида аз ҳама бахшиш пурсида ҷавобашон додааст.

«Баъд аз ин ҳолат, дигар ба гуфтаи Шерхон Салимов ягон маротиба пешво ӯро қабул ё ки суҳбати як ба як бо ӯ накардааст. Каме пас ба нафақа равон кардааст.»

Мегуяд, пешво мисли кудак эркаву қаҳрчӣ ва аз ҷаҳони воқеъӣ хеле дур шудагӣ аст. Сахт кинагир ва дарундор ҳам ҳаст. Аз як тараф Салимов Шерхон худро ҷабрдида ҳисоб менамояд, аз тарафи дигар барои руйпуш намудани ҷиноятҳои ниҳоят калон худи ӯро ба солҳои дароз зиндонӣ бояд кард. Боз худашро босавод ва қонундони беҳтарин ҳисоб мекунад. Салимов Шерхон ниҳоят зиёд дарди дил ва норозигиҳо нисбати пешво, Ҳасан, Озода ва махсусан Юсуф Раҳмон дорад, ки мо аз Хушаков оиди ин масъала ахбори зиёде ба даст овардем ва бо мурури замон рӯйи чоп меорем. Аҷибтараш оиди ёрдамчии доимии Шерхон Салимов аз давраҳои вакили Маҷлиси намояндагон то имрӯз, бо номи Ғолиб, вазифаҳояш аз чӣ иборат буданд, ва чи қадар бо шефи худ «наздикӣ» дорад, қиссаҳоеро медонем, ки ба оҳистагӣ рӯйи қалам меоварем.

Ин фактро инҷо зикр мекунем аз нуги хамир фатир :

“Шерхон Салимов гуфтааст,ки вайро асосан СС.Ятимов «подстава» кардааст. Ҳамон маълумоти 1 тонна героин ва оператсия дастгир кардани он гурӯҳро бо ёрдами Ятимов анҷом дода будааст ва рафтан пеши Раҳмонов дар ин масъала ҳам бо пешниҳоди СС.Ятимов сурат гирифта будааст”

Корнамоиҳои Хушаков Қурбон дар «Тоҷиксодиротбонк»

Хушаков Қурбон бо Пиров Тоҷиддин дар ҷазираи Қиши Эрон як соҳибкорро бо номи Ашуров Дилшод ҳамчун намояндаи “Тоҷиксодиротбонк” ба кор қабул намуда буданд. Ашуров худ як тоҷири хубе буд, ки бо Эрону Дубай ҳамкориҳо дошт. Хушаков ба ӯ низ супориш дод, ки муштариҳои эрониро пайдо намо, то ин ки кортҳои бонки моро истифода кунанд. Маблағҳои бо роҳи сиёҳ ҳавволаро ҳам иҷро мекунӣ ва вз гардиши ҳаҷми маблағҳо ту низ ҳиссаи худро мегирӣ

Ашуров Дилшод аз уҳдаи вазифаи додашуда хуб ва бо тезӣ баромад, ҳазорҳо нафар муштарӣ пайдо намуд. Ин ҷазираи ниҳоят хурд вале минтақаи озод аст. Худи мардуми Эрон зиёд омада мераванд. Аз Дубай ҳам зиёдии туристоне мехоҳанд дар Имороти муттаҳидаи Араб монанд барои ивази визаи “change visa” худ меоянду бар мегарданд. Мисли ҳарвақта бисёре аз муштариҳо пулҳои худро дар хориҷа, махсусан Дубай аз кортҳои “Тоҷиксодиротбонк” гирифта натавониста ба сари Ашуров Дилшод дод зада омаданд. Ба баъзе аз онҳо маблағҳои худро дода ором намуд. Аммо бо хеле аз онҳо зери ҷангҷол монда маҷбур шуд ҷазираро тарк намояд. Ҳоло бошад бо дастгириву роҳнамоии ду профессори пиёз, Ашуров Дилшод , ки як давраҳое соҳибкори муваффақ буд бо сари баланд дар шаҳри Мурмански Русия дар як ширкати сохтумонӣ хиштмон шуда зиндагии оилаи худро бо меҳнати ҳалол пеш мебарад.

«Нисбати як соҳибкори эронӣ бо номи Алиризо Фарозӣ, ки дар Канада ҳамроҳи Хушаков ба сохтумони хонахои пастошёна машғул аст ва ҳиссаи Хушаков Қурбон  дар он пружа ва мақсад аз ин пружа дар чист, дар оянда муфассал нақл хоҳем карду ҷузъиёти онро хоҳем гуфт.»

Мо доимо интизори он ҳастем, ки Хушаков ё Пиров ягон нафареро ба мо муаррифӣ менамуданд, ки бо ин ду профессори пиёзпарвар ҳамроҳ ва ҳамкорӣ намуда, дар зиндагӣ ё дар бизнес каме муваффақ шудааст ё ақалан безарар аз онҳо ҷудо шудааст.

Тиҷоратҳои Идиев Ҳусейн пеш аз мошиншӯяки Ҳасан буданаш

Мо ҳеҷ гоҳ Идиев Ҳусейнро фаромӯш карда наметавонем. Барои он ки ҷиноятхои содир кардааш то он ҷое, ки мо медонем, бо даҳ садҳо саҳифа тамом намешаванд. Идиев Ҳусейн вақте ки ба Душанбе назди писари амаки худ Идиев Ғаффор меояд, ӯро ба шогирди гирифта, дар микрорайони 46, дар назди мағозаи «Кооператор» ба як дукони фурӯши видеокассета фурӯшанда мемонад. Дар ин дукон онҳо асосан филмҳои порнографиро копия карда мефурӯхтанд. Фоидаи калон низ асосан аз ҳамин филмҳо буд. Лекин он вақт фурӯши ин филмҳо мамнуь буд, онҳо пинҳонӣ мефурӯхтанду дар рафҳои дукон кассетаҳо аз филмҳои ҳиндӣ ва боевикро боло мегузоштанд. То охирҳои соли 1990 ба ҳамин индустрияи филмҳо муносибати сахт доштанд. Баъд дигар антенаҳои параболӣ пайдо шуданду мардум ба кассетаҳои Ҳусейн дигар ниёзашон гум шуд. Баъд аз ин бизнеси худро бо рехтани арақҳои«самопал» шуруъ намуданд, ки онҳоро як майори милиса бо номи акаи Давлат, яке аз шогирдони Қувват Султон, ки он давраҳо нуфӯзи калон дошт, пуштибонӣ ё ин ки «крыша»-гарӣ менамуд. Рутбаи майории солҳои 1990 ба генерал- майори ҳукумати Раҳмонов баробар мебошад. Фактҳои ниҳоят ҷолиберо нисбати бизнесҳои Идиев то расидан ба мансаби «дастурхондори» пешво дар барномаҳои оянда нақл менамоем..

Аз рузе, ки Идиев Ҳусейн ба роҳбарии Тоҷикматлубот таъин гашт то имрӯз баъзе аз иншооти солҳои 1993-1995 фурӯхта шудаи Тоҷикматлуботро бори сеюм ва чаҳорум аз ин даст ба он даст гирифта фурӯхта аст ва дар охир ҷойҳои беҳтаринашро ба ширкатҳои Ҳасан Асадуллозода додааст. Ин ҳолатҳо махсусан дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои гирду атрофи Душанбе зиёдтар мебошанд. Дар вилояти Хатлон ҳам ҳамин тавр бо супориши Ҳасан Асадуллозода садҳо иншооти фурӯхташударо бозпас хонда аз сари нав гуё «честно» ба ширкатҳои Ҳасан Асадуллозода ва хешу таборони ӯ ва Зоир Соҳибов бепул дода аст. Бовар кунед, рӯйхати ҳамаи ин объектҳо ҳастанд, лекин барои дилгир нашудани хонанда рӯй коғаз намеорем. Аз рӯзе, ки роҳбари Тоҷикматлубот таъин гаштааст, ягон кори нек накардааст, ки дар оянда номашро касе ба некӣ ёд ҳам кунад. Ба ҳамагон маълум аст, ки молу мулки Тоҷикматлубот ба тариқи ауксион фурӯхта намешавад. Гуфтан мумкин аст ки кормандони ин соҳа як намуд тартиби фурӯши иншооти худро доранд, ки тамоман одами бесобиқа ва бегона аз Тоҷикматлубот ягон амволе харида наметавонад. Лекин Идиев Ҳусейн, ки дар таърихи зиндагиаш роҳбарӣ накарда буд ва системаро ҳам намефаҳмад, ҳамаро барбод дод. Аз собиқадорони соҳаи Тоҷикматлубот амволашонро ба худаш ва наздиконаш, зери фишор кашида гирифта ба ширкатҳои Ҳасану Зоир, Таҳминаву Шамсулло бепул додааст. Албатта бо супориши онҳо ин ҷиноятҳоро содир карда истодааст. Ҳамаи ин амалҳо, ҳатман рӯзе саволу ҷавоб хоҳанд дошт. Оиди чи тавр ғасб намудани яке аз бозорҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд- «Панҷшанбе» ва чойхонаву дигар бозору бозорчаҳоро дар матлабҳои оянда нақл мекунем. Мо бояд хомӯш набошем, аз ҷиноятҳои содир карда истодаи пешво бо наздиконаш бояд бинависем. Ватан ин ватани ҳамаи мову шумо аст. Ба Парда Қосимов, ки бо пешвояш даст ба даст «Тоҷикистон аз манӣ» гуфта садо баланд мекунад, аҳамият надиҳед. Рӯзе мешавад боз ҳамин Парда Қосимов  «Тоҷикистон аз они ҳамаи мост, на танҳо  азони Раҳмонов», ман маҷбур будам гуфта яке аз аввалинҳо шуда мехонад.

Дар матолиби оянда нисбати Давлаталӣ Саидов, Ҷамолиддин Нуралиев, Шерхон Салимов  ва дигарон бо  факту рақамҳо бо исботу тасдиқаш пешниход менамоем.

Поёни бахши даҳуми вижа матолиби ғоратгарони “Тоҷиксодиротбонк” ва ҳамроҳонашон, бо “Ислоҳ” бошед…

Сообщение Шерхон Салимов: «Шамсуллоро бо як тонна героин қапидам, пешво озодам кард» появились сначала на ISLOH.net.

Шиори пайравони пешво : “бизнес пастӣ ва баландиҳо дорад вале…гур сузаду дег ҷушад»
(бахши нуҳум)

Роҳбарони «Тоҷиксодиротбонк» ва пуштибонҳои онҳо, то имрӯз шиками мардуми бечораи тоҷикро бо ваъдаҳои бардуруғ- гуё ҳамаи маблағҳоятонро рӯзҳои наздик бармегардонем, «сер» карда истодаанд. Чуноне, ки мо дар аввал ваъда карда будем, доимо аз паси гунаҳгорони асосии муфлисшавӣ яке аз бонкҳои азими ҷумҳурӣ, “Тоҷиксодиротбонк” пайгирӣ менамоем.

Мо мусоҳибаҳои Пиров Тоҷиддин ва намояндагони Бонки Миллиро аз аввалин рӯзҳои муфлисшавии “Тоҷиксодиротбонк” мутолиа менамоем ва то имрӯз натиҷоҳояшро мебинем. Дар ҳама мусоҳибаҳояш ба журналистон Пиров Тоҷиддин  ваъда медиҳад, ки то охирон сомонӣ маблағҳои мардум гардонида дода мешавад. Лекин якбор намегуяд, ки охирҳои соли 2016 бо ахбороти доштаи мо 3 миллиарду 250 миллион сомонӣ ҳукумати Тоҷикистон пул ҷудо намуда буд. Ва ин пулҳо бояд аввалин дараҷа барои руйпуш кардани қарзҳои мардум мерафту баъдан ба маҳкам кардани қарзҳои дигар. Маблағи ҷудо шуда аз 400 миллион доллар зиёдтар буд, ки ин пули кам нест барои Тоҷикистон. Ҳатман то охирон муштарии маблағсупорида пулҳои худро мегирифтанд. Ҳол он ки Пиров ва Хушаков тасдиқ мекунанд, ки ин пулҳоро ба суратҳисоби бонк вазорати молия равон карда буд. Боз гап сари он кураторҳо бо мисли Давлаталӣ Саидов, Нуралиев Ҷамолиддин ва роҳбарони Тоҷиксодиротбонк Пиров Тоҷиддин ва Хушаков Қурбон меравад, ки онҳо «гур сузаду дег ҷушад» гуфта сараввал тамоми проблемаҳои худашон, наздикони «Оила»— и гушначашм ва баъзе аз ёру дустони занҳояшону фарзандонашонро ҳал намуданд. Як қисми дигари пулҳоро ба ягон рӯзи «сиёҳ»  ба хориҷа гуё аз фалон ширкати хоричӣ қарздорем, ҷангҷоли «дипломатӣ» мешавад гуфта равон карданд. Зиёда аз 150 миллион долларашро фақат Давлатӣ Саидов, Ҷамолиддин Нуралиев, Гулов Шералӣ, Ашраф Гулов ва Таҳминаи духтари Раҳмонов маблағҳои гузоштаи худро бо фоизҳои «африқоӣ», яъне ниҳоят баланд гирифтаанд.

«Тоза  ба мо маълум мешавад, ки барои чи Давлаталӣ Саидов ба ҳамаи запретҳои оила нигоҳ накарда, парикҳои сарро тез- тез иваз намуда ба назди Пирову Хушаков ба вохурӣ мерафтааст. Давлаталӣ Саидов ба занҳои дуюм ва «арусак»-ҳои худ мошинҳои нави «Лексус» ва мерседесҳои люкс туҳфа мекардаст. Ба гуфтаи худаш, мо бояд «ҷавононро тарбия намоем — ҷавонон ба мо лозим мешаванд, онҳо бояд зиндагии хуб дошта бошанд». Албатта ин хел даромадҳо бошанд ҳар кас метавонад ба «тарбияи ҷавонон» машғул шаванд. Давлаталӣ Саидов бо писараш Фаромуз, ки дар садама як духтари ҷавон ва як марди миёнасолро ба ҳалокат расонида мисли дигарон беҷазо монда буд, шухӣ карда мегуфтааст, ки арусаки нав ёфтаи ман аз ту ҳам хеле ҷавонтар аст. Дар навбати худ  Фаромузи писараш ҳам таъриф мекардаст, ки арусакаш ҳоло мактабхон аст. Ана тарбия ва суҳбати падару писар дар назди мехмонҳо. Ин ҳама худобехабарӣ, пулмастӣ ва беҷазо мондан аст!»

Давом медиҳем, боқимонда пулҳо агар ба мардум дастрас шуда бошанд, барои чӣ имрӯзҳо ҳазорҳо одамон ному насаб, рақамҳои телефони худро ба мо гузошта аз «Ислоҳ» илтимос доранд онҳоро рӯйи чоп оранд. Ба наздикӣ дар кадом маҷаллае чоп карданд, ки гуё “Тоҷиксодиротбонк” маблағҳои мардумро дода истодааст. Лекин ҳеҷ нафароне, ки ба мо муроҷиат намудаанд, пули гирифтаи касеро нашунидаанд ва тасдиқ ҳам накарданд. Мумкин аст, он мансабдороне, ки миллионҳои худро гузошта буданд, кисме аз онхо гирифта бошанд, ба мисли Нусратулло Абдуллоев, Шерхон Салимзода, Қурбон Шариф, Тиллоев Ҳокимшо, Абдураҳим Раҳимов ва дигарон.

Гилояи Шерхон Салимзода аз “Пешво” ва ген Прокурори бизнесмен

Аз рӯйи гуфтаи Хушаков Қурбон Раҳматович якчанд рӯз пештар Шерхон Салимзода дар як нишасти байни худиашон хеле аз ҳукумат, аз оилаву пешво ва сохти давлатдорӣ нисбати бизнесҳо ва даромадҳои калони Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон ва чи тавр қудо шудани Юсуф Раҳмон бо пешво, ба гуфтаи худаш дарди дил кардааст. Гуфтааст, ки бо супориши пешвову оилааш садҳо парвандаи фармоишӣ (заказное дело) ноҳақро сохта ҳукмашро бо воситаи судҳо бароварда будам. Дар ҳоле, ки судяҳо бисёр вақт норозигӣ ҳам мекарданд. Агар ман нисбати фаъолияти худ аз рӯзи пайдо шудани Агентии коррупция то охирон рӯзи кориам ҳамчун Прокурори генералӣ, яьне аз 2006 то 2015 китобе нисбати супоришҳои ғайриконунӣ ба ман додаи пешво, Ҳасан ва хешу таборони пешво нависам, бовар кунед, фақат аз ҳисоби фурӯши он миллионер мешавам.

» Лекин каме вақт ҳоло ҳам ҳаст. Ин корҳоро ман ба хотири ваъдаи пешво карда будам, ки маро ду   панҷсола Прокурори генералӣ пешниҳод менамояд. Аммо дар ваъдааш наистод. Ҳоло бошад як бизнесменро ба ду муҳлат Прокурори генералӣ монд, ки ӯ ҳама вазифаҳоро рӯйи рост фурӯхта истодааст. Прокуратураи генералиро ба вазорати савдою сохтумон табдил дода аст. Ҳатто сохтумон ва фурӯши хонаҳоро дар кабинети кориаш бо мутахассисони сохтумонӣ машварату маҷлисҳо мегузаронида аст, ки зиёде аз шогирдони ман ва баъзе аз собиқадорон ба ғазаб омада ба пешво ариза карда буданд. Аризаи онҳо бенатиҷа монд. Ва акси ҳолат худашонро ҷазо доданд ва боз боварӣ дорам, пешво сеюм муҳлат ҳам дар ин вазифа ӯро пешниҳод менамояд. Мардак қудо шуд дигар, кор тамом аст.Дар хотир дошта бошед, ман ӯро аз вазифаи прокурори вилояти Суғд барои фасодкорӣ, робитаҳои зич доштан бо соҳибкорони хуҷандӣ, сохтани парвандаҳои фармоишӣ  дар ду соли кор карданаш ё 22 моҳ аз кор озод ва умуман аз системаи прокуратура ронда будам. Ҳоло канӣ ҳақиқат, канӣ иҷроиши қонунҳо ва қонуният?!»

Давраи сардори Агентии коррупция ва Прокурори генералӣ будан Шерхон Салимзода тамоми хешу табор, ҳамкурсону фарзандони онҳо, аз занҳои сеюм ва чорум фарзандони бо худ овардаи онҳоро ба вазифаҳои сердаромади ин ниҳодҳо таъин намуд. Даҳҳо фасодзадатарин шогирдони худро ба рутбаҳои баланд пешниҳод намуд, ҳоло бошад мисли девона ҳар рӯз дар ғайбати пешво ва Прокурори генералӣ мебошад. Яке аз шогирди наздиктаринаш Раҳимов Абдурахим, ки вақти роҳбарии Фаттоҳ Саидов дар Агентии коррупция қариб 200 адад амволи гаронарзишашро пайдо карда буданд, ки як қисми вилояти Суғдро бо ҳар роҳҳо азони худ карда буд, боз дере нагузашта ба ӯ рутбаи генералӣ дода ва ба мақоми ҷонишини Прокурори генералӣ пешниҳод карданд. Ҳоло тибқи маълумотҳо прокурори Хатлон аст. Даҳҳо ин тавр мисолҳо дорем. Савол ба миён меояд, ки Шерхон Салимзода ин қадар донову босавод ва қонундон бошад, барои чи ба супоришҳои ҷинояткоронаи пешвояш «есть» гуфта даст задааст ? Албатта, аз тарси он ки вазифа аз даст наравад. Бале инчунин гуфта будааст,ки ман фикр мекардам,ки мисли Бобоҷон Бобохонов маро мегузорад дар мақомам. Аммо як давраро пурра нокарда маро сабукдуш ва ба ҷоям ин бизнесменро гузошт. Аммо ончи бо Бобоҷон Бобохонов ва оилаи ӯ кард инаш бароям хело дарднок буд. Гоҳо шукрона ҳам мекунам,ки тезтар маро гирифт, ҳеҷ чиз бе ҳикмат нест.

Тақдири шуму сиёҳи Ҷамолиддин Нуралиев ё аз оила ва ё аз миллат ?

Ростӣ моро хабарҳои охир дар мавриди  Нуралиев Ҷамолиддин аз як тараф шод карда бошад аз тарафи дигар ғамгин намуд. Барои чи ғамгин намуд, каме дар поён мегуем. Ҷамолиддин Нуралиев дар давоми 10-15 соли кориаш дар вазорати молияву Бонки миллӣ, дар вазифаи бонкдори хеле таҷрибаҳои калон гирифтаасту худ, ки дар Амрико каме зиндагӣ ва он ҷо таҳсил намудааст, аз сиёсатҳои давлатҳои ғарб бохабар аст, системаи онҳоро хуб мефаҳмад.Боварии комил дорем,пешво ва тамоми аъзои Оила ба воситаи Ҷамолиддин Нуралиев дар бонкҳои хориҷӣ суратҳисобҳои худро кушодаанд. Даҳҳо компанияҳои оффшориро низ ӯ ба томоми авлод ва хешу таборон кушода додаасту  то охир контрол  менамуд. Дар замони ҳозира садҳо миллону миллиардро дар як дақиқа бо воситаи телефон аз як суратҳисоб ба дигар суратҳисоб гузаронидан мушкил нест. Авлоди бесавод тамоми миллиардҳои ба даст овардаи худро маҳз дар дасти ҳамин одам нигоҳ медоранд.  Нуралиев метавонад, масалан пешворо дар як дақиқа «Гадо» созад. Аз суратҳисобҳо тамоми пулҳоро ба ширкатҳои худ ва хешу табори худ бе иҷозати пешво гузаронаду дар суратҳисоб ягон сад доллар боқӣ гузорад, то ин ки 30 соли дигар пешво ва авлодаш ин суратҳисобро пур кунанд.

Давлаталӣ Саидов ҳоло дар як ҳолати бисёр ногувор мондааст.Аз як тараф шарики бизнесиаш Ҷамолиддин Нуралиев «антипартийный» шуд, аз тарафи дигар Озода барои духтарбозиаш сахт чап гирифтааст, боз аз ҳама безебтараш, ӯро Рустами Эмомалӣ дар бустонсарои ҳукуматӣ дар як маърака дида, назди одамони зиёде нафақат ба саломаш ҷавоб нагирифтааст. Ҳатто дашномҳои қабеҳ  намуда аз маърака рондааст. Ҳоло ҳайрон аст, ки барои ин қадар гуноҳҳои кардааш чи ҷазо мегирифта бошад? Бовар дорем то охирон сомониашро мегиранду боз мебахшанд, барои он ки ӯ хешу табор аст.

Гилояҳои Қурбон Хушаков аз мо

Хушаков Қурбон доимо аз мо хафагӣ менамудааст, ки ман ҳеҷ гоҳ роҳбари “Тоҷиксодиротбонк” набудам, мумкин аст нависанда маро бо Пиров Тоҷиддин «перепутать» мекарда бошад. Албатта не, мо хуб медонем, ки раиси “Тоҷиксодиротбонк” Пиров Тоҷиддин буд, лекин шумо Хушаков Қурбон Раҳматович  муовин ва шахси боэътимоду наздики Пиров Тоҷиддин будед ва бисёре аз муштариҳои бонк маҳз бо шумо ҳамсуҳбат шуда, баъд аз амри маъруф, насиҳату васиятҳо ва меҳмоннавозиҳои шумо маблағҳои охирини худро месупоридаанду вақти баргардонидани маблағҳои худ ба қабули шумо дигар даромада наметавонистанд. Албатта Пиров Тоҷиддин  ҳамчун роҳбари аввал ҷавобгар мебошад. Лекин аз рӯйи  зиндагии шумо ва фарзандонатон, муқоиса ба зиндагии Пиров Тоҷиддин  шубҳае намондааст, ки шумо «бегуноҳ» ва худотарс бошед.

Хонасалот кардани Раҳматшо тавассути Пиров ва Хушаков

Ин қиссаро ба он хотир мекунем,ки ҳам Пиров ва ҳам Хушаков нагӯянд,ки мо намедонем шуморо ва ё туҳматашон дорем ва то имрӯз дар матолибамон туҳматашон  намудаем. Пиров Тоҷиддин ва Хушаков Қурбон бо як соҳибкоре аз шаҳри Қурғонтеппа бо номи Раҳматшо шиносоӣ ва гуё дустӣ пайдо карданд. Раҳматшо зиндагии оромона дошт. Соҳиби 5000 гусфанд, як ширкати сохтумонӣ, бустонсарои хуб дар болои дарёи Вахш, хонаву дари хуб, якчанд мошин дошт. Ҳар вақте ин ду академики пиёз ба ватанашон Кули Суфиён ё Фархор мерафтанд, ҳатман ба Раҳматшо як рӯз пештар хабар медоданд, ки мо омада истодаем, «тайёриат»-ро бубин. Раҳматшо марди оддии куҳистонӣ, мисли хамаи халки точик мехмоннавозу мехмон дӯст, хатман як гусфанро кушта, пухту паз менамуду ду гусфанди дигарро кушта вақти рафтан бо мевагиҳои бисёр ба пушти мошини академикҳо мегузошт. Ин кор хеле вақт давом кард. Пиров ва Хушаков меҳмонҳои хориҷии худро ҳатман ба як ё ду рӯз ба бустонсарои Раҳматшо равон мекарданд.

Бисёр вақт бо аҳлу оилаи худ низ онҷо рафта, дар болои дарё, асабҳои худро ором намуда як -ду гусфанд мехурданду боз ҳамроҳ мебурданд. Ба Раҳматшо ваъда мекарданд, ки ба ягон шохаи бизнеси “Тоҷиксодиротбонк” ҳатман туро ворид месозем. Ва ба хулосае омада ба Раҳматшо пешниҳод карданд, ки ту ширкати сохтумонӣ дориву шиносҳои зиёд дар бозорҳои масолеҳи сохтумонӣ низ дорӣ. Биё барои ҳамин ба Тоҷиксодиротбонк биноҳои филиалҳояшро дар ноҳияҳои вилояти Хатлон аз рӯйи  лоиҳаи тасдиқ кардаи мо бисоз.

Раҳматшо, албатта рози шуд. Минатдорӣ намуда каме пас шуруъ кард ба сохтумони бинои филиалҳо. Якчанд биноҳоро сохт. Аввалҳо маблағҳои сохтумонии якчанд биноҳоро қисм ба қисм доданду баъд маблағгузорӣ тамоман қатъ  шуд. Раҳматшо, ки зиёде аз масолеҳи сохтумониро аз яклухт фурӯшон ба тарзи насия мегирифт ба ӯ бовар мекарданд. Баъд аз напардохтани маблағҳо муносибатҳояш бо фурӯшандагон вайрон шудан гирифт. Раҳматшо чи пасандозе дошт ва боқимонда гусфандҳои худро фурӯхта қарзҳои худро кам менамуд. Аммо ба якчанд миллион сомонӣ масолеҳи сохтумонӣ гирифта буду ин пасандозҳояш қарзҳои гирифтаашро маҳкам накарданд. Ӯ дар як хафта 3-4 маротиба ба “Тоҷиксодиротбонк” назди академикҳо меомаду мерафт.

Вақтҳои охир қариб, ки ӯро қабул ҳам намекарданд. Ва рӯзе Хушаков бо Пиров ӯро қабул намуда гуфтанд, ки ҳоло аз тарафи пешво супоришҳо хеле зиёданд, маблағ тамоман надорем. Як роҳи ҳалли мушкилот ҳаст. Ту бояд бустонсарой ва ҳавлиатро ба гарав (залог) монда аз бонки мо қарз бигирӣ ва қарзҳои худро дар назди фурӯшандагон руйпуш намо. Баъд вақте ки комиссия аз тарафи мо иншоотҳои туро қабул менамояд, пас мо метавонем оҳиста-оҳиста мутобиқи акти имзошудаи дутарафа пулҳои туро баргардонем ва ту қарзҳои гирифтаат аз бонкро бо фоизҳояш руйпуш менамоӣ, агар нахоҳӣ худат фикр кун: «мумкин аст сифати корҳои сохтумониат паст бошаду комиссияи мо иншоотҳоро қабул накунад, баъд дарди сарат мешавад».

Баъд аз ин фишору шантажҳо Раҳматшо розӣ шуд ва қарз аз “Тоҷиксодиротбонк” бо % баланд имзо карда гирифт, чун,ки  дигар илоҷе надошт. Ин қиссаи дуру дароз аст, хулоса;  бустонсарой ва ҳамаи гусфандҳо, ширкати сохтумонӣ, обруй дар назди мардум, ҳама аз Раҳматшо рафт. Дигар гусфандхуриву бародарӣ низ ба охир расид. Ҳоло Раҳматшо боз корро аз парвариши 5-6 дона гусфанд шуруъ намуда, дигар тавбаи аз пушти миллионерҳо давидан ё шинос шуданро кардааст. Ин яке аз садҳо мисолҳое,ки ин ду академик соҳибкоронро миёншикан намуда ба ҳолати варшикастагӣ ва хонасалотӣ расонидаанд. Метавонед ҷанобон ин ҳодисаро такзиб кунед? Агар дурӯғ ва туҳмат бошад марҳамат нависед ва метавонед аз худи Раҳматшо интервию гирифта нашр кунед!

Хушаков эрониҳоро тавассути “Тоҷиксодиротбонк” чихел  ғорат кард?

Як мисоли дигар: Дар Эрон авиакомпанияи «Тоҷик Эйр» намояндае дошт ҷавоне бо номи Фирӯз.»Тоҷик Эйр» пеш аз COVID парвозҳо дошт. Хушаков Қурбон Раҳматович доимо ба Эрон сафар мекарду бо Фирӯз, ки нав шинос шуда буд  дар Эрон ӯро бо VIP — зал пешвоз мегирифт ва вақти рафтан гусел мекард. Вақте ки парвозҳои Тоҷик- Эйр баста шуданд, Хушаков Қурбон Раҳматович  аз ӯ хоҳиш кард, ки ду тайёраи Боинги «Тоҷиксодиротбонк»-ро ба Эрон оварда ба иҷора супорад. Фирӯз роҳҳояшро пайдо карда тайёраҳои ‘Тоҷиксодиротбонк»-ро аз Душанбе ба Эрон бурд ва чархонду хуб кору фоида ҳам мекард. Хушаков Қурбон самолетҳоро ҳамроҳи Фирӯз ба иҷора доду ба Фирӯз «Босс» шуд. Пулҳои арендаи ду «Боинг»-ро Фирӯз дар вақт — вақташ аз Эрон ба Тоҷикистон нақд бо роҳи қочоқ, тахминан ҳар моҳе аз 700 ҳазор, то 800 ҳазор доллар равон мекард. Бизнесҳо хуб рафта истода буданд, ки Хушаков Қурбон ба Фирӯз супориш дод, ки ба мардумони соҳибкору пулдор кортҳои “Тоҷиксодиротбонк”-ро пешниҳод намояд, то ки пулҳои худро дар “Тоҷиксодиротбонк” гузоранду бемалол сафарҳои хориҷа кунанд. Фирғз хеле муштариҳои зиёде пайдо намуда ба онҳо кортҳои «Тоҷиксодиротбонк»-ро «тақдим» намуд ва гуфт, ки ба суратҳисобхояшон пул резанд. Яке 10 ҳазор,дигаре 50-60 ҳазор доллар ва боз як қисм 80-100 ҳазор доллари ба дасти Фирӯз маблағҳо супориданд, то ин ки Фирӯз дар суратҳисоби кортҳо бирезад. Фирӯз ҳамаи пулҳоро бо роҳи қочоқ ба Душанбе ба дасти Қурбон Хушаков мефиристод. Барои он мардуми Эрон аз “Тоҷиксодиротбонк”  корт мегирифтанд, ки ҳама бонкҳои Эрон дар зери санкция қарор доранду пулҳо ҳеҷ куҷое намегузаранд ба воситаи суратҳисобҳои бонкӣ.Баъд аз сафарҳо эрониҳо баргашта ба офисии Фирӯз омада ҷангҷолҳо карданд, ҳатто чанд маротиба ӯро сахт латукуб ҳам намуданд, ки дар хориҷа, асосан дар Аврупо аз ин кортҳо як доллар пул кашида намешаванд. Охир, эронии содда аз таърифу тавсифҳои ҷаннати сохтаи пешво бовар кардааст, ки бонкҳояш дар тамоми дунё ба ӯ бидуни лимит маблағ медиҳад. Корсчетҳои бонкҳои Тоҷикистон доимо холӣ асту бисёр бо мушкилӣ ягон сум медиҳад, аксар вақт ҳеҷ чиз намедиҳад. Охир,овозаҳои фиреби “Тоҷиксодиротбонк” дар Эрон ба органҳои қудратииаш расиду Фирӯзро дастгир намуданд ва баъд аз 2-3 рӯз зиндони Фирӯзро аз Эрон депортатсия намуданд. Вақте ки Фирӯз ба Душанбе омад, ба назди Хушаков Қурбон Раҳматовичи боссаш рафта, саволи аввалаш ҳамин буд, ки барои чи пулҳои эрониҳоро ман ба дасти шумо расонидаму кортҳои ба эрониҳо додаи “Тоҷиксодиротбонк” кор намекунад?

Хушаков Қурбон Раҳматович  бо як оромӣ гуфт: » тамоман ту зиқ нашав, ин бизнес аст, пастӣ ва баландиҳо дорад, ғами худатро хур, ту чи ғами эрониҳоро мехурӣ? Эрон давлати бой, мардумаш низ бой аст, хай фиреб кардем савоб гирифтем», Фирӯз аз ҳамкорӣ бо Хушаков Қурбон  даст кашиду ҳоло бошад дар як кунҷи Душанбе ба бизнеси майдаи худ оромона машғул аст. Шукр мегуяд, ки дар Эрон ба 20-30 сол барои ин қаллобияш зиндонияш накарданд, вагарна ба умеди Хушаков Қурбон дар кунҷи зиндони Эрон мемурд. Зеро Хушаков Қурбон  мақсади як сомонӣ баргардонидани пулҳои эрониҳоро надошта будааст. Метавонанд ин ҳолатро ҳам такзиб намоянду гӯянд, на чунин нашуда буд? Мо чандин Эронии зарардида бо санадҳое аз онҳо дар худ дорем,ки ҳама як дарду ранҷ доранд ва он ҳам “кидат разбор надорад”.

Мисолҳои қаллобии зиёде аз ин ду дар даст дорем

Мисолҳо хеле зиёданд. Боз чи тавр хонаҳои истиқоматӣ вакили мардумӣ ва раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода, ба гуфтаи худаш фосиқи шайтонсират Мавлавӣ Абдураҳим Каримов, писари собиқ раиси шаҳри Кулоб Абдуҷаббор Зардиев- Абдунабӣ ва собиқ ректори Университети аграрии Тоҷикистон —- нафаронро ҳамчун гарав «залог» гирифта бо қарзҳои % дандоншикан онҳоро миёншикан намудани ин ду академики пиёз нақлҳо мекунем. Аҷоибии кор дар он аст, ки ҳамаи ин одамони боло номбаршуда бо Пирову Хушаков бародару дӯст ҳастанд. Академикҳо аввал аз рӯйи  гуфтаҳои

» Худиҳоро бизан, то ки бегонагон битарсанд» амал мекардаанд, баъд тактикаро дигар карданд «касе ба дом афтод ҳамашро бизан,фарқ надорад худи ё бегона». Офарин!!! Метавонем барои ҳар яки ин афроди дар боло зикр намуда матолиби ҷудогона нависем ва ҳолатҳои онҳоро ба мардум бозгӯй намоем. Агар инаш ҳам дурӯғ ва туҳмат бошад марҳамат инашро ҳам такзиб намоянд. Раванд интервию гиранд ва худро пок эълон намоянд.

Масорифи  “ЕВРОТУР”и  Хушаков Қурбон ва Раиса Махсумовна 40% коҳиш ёфта будааст аз солҳои пешин

Хушаков Қурбон баъд аз бозгашт аз «евротур» бо янгамулло Раиса Махсумовна ҳисобу китоби харҷҳои дар хориҷа кардаашонро ҳисоб намуданд, ки худоро шукр на он қадар зиёд харҷ шуда будааст, ҳамагӣ 73 ҳазор евро, сафарҳои пештара доимо аз 100-120 ҳазор евро болотар будааст. Харҷ камтар ҳам мешуд, лекин Раиса Махсумовна агар ба як ду мағозаҳои дустдоштаашон намедаромаданд, дар оила ҷангҷол калон мешуд. Шумо бовар мекунед ё не, бечора янгамулло ду сол шуд аз коллекцияхои нави ин ду фирма харид накардаанд. Вақтҳои пеш ҳар соле ду маротиба хабар мегирифтанд, қариб абонемент ё “картаи узвият”и  харидори доимиашонро «анулировать» кунад ин ширкатҳои беинсофи «Hermes» ва  » Coco Chanel». Як сумкаи занонаи «Hermes» ба маблағи 46 ҳазор евро ва як туфлии занона аз ширкати «Coco Chanel» ба маблағи 8 ҳазор евро будааст. Боз як камарбанди бисёр хуб на он қадар қимат-4500 евро ба Раиса Махсумовна маъқул шуд, харидорӣ намуданд. Лекин афсус, каме кутоҳӣ карда будааст. Фикри бисёр накарда ба Қурбон Хушаков туҳфа карданд. Ана дасткушодиву шавҳардустӣ, офарин янгамулло! Раиса Махсумовна як салони косметикии машҳури дунявӣ бо номи «Loreal Paris» рафта, онҷо ду амалиёти тиббӣ низ гузаронид, албатта ҳамаро бо номҳояшон мушаххас намегӯем. Яке барои чеҳраро хушруй ва зебо намудан аст, дигаре «липосакция» — ин каме равғанҳои аз мантуву самбуса ва шашлык ҷамъ шударо бо роҳи ҷарроҳии ҳозирзамон кашида гирифтан аст.

Нафарони зиндагии хуб дошта, проблемаҳои моливу пулӣ надошта ва бо мақсади доимо дар назари мардум ҷавон худро нишон додан, ин ду амалиёти тиббиро ҳар соле як ё ду маротиба мекунанд. Раиса Махсумовна доимо мегунд, ки

» масрафи пул чанде набошад ба ӯ нигоҳ накарда, одам аввал аз паси саломатии худ бояд шавад».

Идиев Ҳусейн аз ҷавонияш ҳам «бизнесмен» буд

Мо агар бе Идиев Ҳусейн ин матлабамонро ба охир расонем ва фарҷом диҳем, боварамон кунед ӯ аз мо ҷудо ҳам хафа мешавад. Ӯ кам-кам одами қаҳркун  ҳам ҳаст. Аз навиштаи гузашта норозигӣ кардааст, ки бизнесҳои калонтар ҳам дар ҷавониҳоям  доштам, онро аслан қайд накарданд. Дар ҳақиқат Идиев Ҳусайн рост мегуяд. Солҳои 1982-1983  видеомагнитофон  камчин буд. Идиев  Ҳусейн видео магнитофони Электроника ВМ-12 доштааст. Мувофиқи нақли ҳамдеҳагонаш, Идиев Ҳусейн бо участковый милиционер лейтенанти калон Лутфулло Мирзоалиев, ки се деҳро назорат мебурда аст, дӯст будаасту ба ӯ аз бизнесаш «доля» медодааст. Вай нигоҳубин мекардааст, ки касе халал нарасонад. Ҳар шаб Идиев Ҳусейн дар ҳавлии Баҳром бо тахаллуси «Брус Ли» тахминан 20-25 нафарро ҷамъ карда бо нархи 50 тинӣ то соати 12- шаб филмҳои «Брус Ли»-ро нишон медодаст. Баъд аз 12- шаб то 06- саҳар, ҷавонони аз 17 сола болоро ҷамъ намуда бо 2 сумӣ филмҳои порнографии хориҷиро тоб медодааст. Ҳамин тавр дар як моҳ аз 500 то 1000 рубл пул кор мекардааст. Аз ин пулҳо участковый Лутфулло Мирзоалиев ва Баҳроми Брюс Ли барои ҳавлиаш доляи худашонро мегирифтаанду боқимондааш азони Идиев  Ҳусейн будааст. Дар дигар қишлоқҳо овоза   шуд, ки Ҳусейн Идиев  миллионер шудааст.

Як нафар аз  деҳаи ҳамсоя бо номи Сафари «тухм» хост ҳамин тавр бизнес шуруь кунад. Видеомагнитофону 10-12 кассета харида шаби аввал мардумро ҷамъ кардааст, ки Лутфулло Мирзоалиевро Идиев Ҳусейн пеш- пеш карда ба хонаи Сафари «тухм» оварда дар вақти тамошои филмҳои порнографӣ ба даст афтонидааст. Оқибати кор, видеомагнитофон ба ҳисоби давлат бо кассетаҳояш мусодира карда шуд. Тамошобинҳо ҳама 300 сумӣ ҷарима супорид, худи Сафари тухм 1000 сум ҷарима ва 2 сол ҳукми шартӣ ( условный срок) гирифтааст. Лутфулло бошад, аз вазорат раҳматнома ва каме пас рутбаи капитаниро ҳам гирифта, боз то охир ба Идиев Ҳусейн  «содиқона» хизмат кардааст. Ана инро мегуянд, ки «Арбоб мезанад ба ҳар боб» . Дар ҳақиқат аз ҷавонӣ Идиев Ҳусейн истеъдоди калон доштааст. Бизнеси худашро аз конкурентҳо ҳимоят кардааст, фарқаш чи бо кадом роҳ? То ҳозир ҳамон таҷрибахояш ба ӯ лозим шуда истодааст. Ин хел роҳбарон ба ҷамъияти сохтаи “пешво” намунаи ибрат ва кадрҳои ноёфтанд.  Офарин!!! Давоми нақлҳои хеле хубу ҷолиб дар пеш аст.

Поёни бахши нуҳуми вижаматолиби қаҳрамонони “Тоҷиксодиротбонк” ,идома дорад бо “Ислоҳ” бошед,то аз ҷолибтарин ҳодисот бе хабар намонед…

Сообщение Шиори пайравони пешво : “бизнес пастӣ ва баландиҳо дорад вале…гур сузаду дег ҷушад» появились сначала на ISLOH.net.

Поёни тури Евро-Осиёи Раиса Махсумовна ва Ҷимии Идиев Ҳусайн
(бахши ҳаштум)

Тибқи ваъда, мо таҳқиқоти худро дар бораи дуздону порахорони давлатӣ, ки ҳамагӣ аз афроди наздики Пешво ва аъзои оилаи вай ҳастанд ва ё афроде ҳастанд, ки сарпарастиашонро яке аз наздикон ва ё аъзои Оила бар уҳда дорад идома медиҳем. Инчунин дар Ин матлаб дар бораи таъсири ҳафт вижаматолиби нашр намудаамон хоҳем гуфт. Пас аз нашри онҳо қаҳрамонҳои доимиямон гилаҳо намудаанд, ки охир инхел буд чаро дигар хел шарҳ додеро ҳам мардона хоҳем гуфт.

Акунун мегузарем ба асли вижаматлаби имрӯзамон.

Шумо як маротиба нисбати ҷиноятхое, ки  қаҳрамонони вижа матолиби мо содир намудаанд, агар ин ҷиноятҳоро дар кишварҳои пешрафт намудаи олам  аз тарафи шаҳрвандонашон содир мешуд чи гӯна ҷазоҳоро ба онҳо мебароварданду ба кадом солҳо онҳоро маҳкум ба зиндон мекарданд, худатон хулосабарори  намояд.  Масалан як филми амрикоӣ бо номи «Лжец, Великий и Ужасный»— 2017,  ро тамошо кунед, ин аз рӯйи  фаьолияти корӣ  ва  зиндагии  як бонкдори амрикоӣ  рӯйи  навор  омадааст, аз воқеаҳои воқеи  (реальные событие) ба навор гирифта шудааст. Албатта пас  аз нигох кардани ин фильм одам ба хулосае меояд, ки фарқ надорад шумо чи қадар пул доред, ё ин ки чи қадар шиносу ҳамшаҳриву пуштибон доред, рафиқу ҳамнишини президентҳо ҳастед, ҳатман бояд дар назди қонун ҷавоб гӯед. Ин ҳамаро мехоҳем барои он бигӯем,ки чашми шумо ҳамватани гиромӣ боз шавад ва худатон хулосаи худро бароред. Нагӯед,ки мо иғво меандозем ва танқид мекунем.

Албатта ҳаҷм ва  дорогиҳои яке аз бонкҳои кучаки амрикоро бо «Точиксодиротбонк « муқоиса кардан иштибоҳи фоҳиш аст. Аммо ҷиноят ҳарду як хел аст, қонунҳои ҷиноӣ ва граждани ҳам қариб як хел иншо ва ба тасвиб расонида шудаанд. Танҳо ҷазоҳо ва иҷроиши қонунҳо тамоман ноинсофона мебошанд. Масалан нигоҳ кунед Пиров Тоҷиддин  бо Хушаков Қурбон баъд аз ин қадар ҷиноятҳои вахиму бузург кайфу сафо карда гашта истодаанд, лекин Бернард Мейдофф, ки барои банкрот намудани бонк, 150 соли маҳкум ба зиндон шуд.  Бернард Мейдофф  соли 2021 дар синни 82-солагӣ дар зиндони ИМА  даргузашт, яке аз фарзандонаш ба  таҳқиру танқиди мардум тоб оварда натавониста,  худро дар яке аз хонаҳои қимматтарини Амрико худро ба дор овехт. Албатта худкуши гуноҳ аст, лекин виҷдонаш дигар нагузошт, ки бо муштариҳои бонки падараш рӯ ба руй шавад. Ин виҷдони як шахси ғайри мусалмон ва мумкин аст ҳатто пайрави ҳеҷ дину оине ҳам набуд. Акун як диққат диҳед ба  фарзандони қаҳрамонони вижа матолиби мо?  Комилан баракси он мебошанд ва боз худро мусалмон ва ҳатто ҳоҷӣ ва диндор мегӯянд.

Албатта писари Хушаков Қурбон Раҳматович , ки ҳоло дар Фаронса зиндагӣ мекунаду якчанд сол пештар ду одамро бо мошин зада кушта буд, дуруст ҳам мегуяд:  «ҳалли проблемаи любой чиноятҳо  дар Тоҷикистон  ҳамаги панҷ дақиқа вақтро мегираду халос»  Манзур аз ин суханро ба фикрам ҳар Тоҷик ва Тоҷикистони хуб фаҳмид! Ин аст хулосаи  писари Хушаков Қурбон Раҳматович пас зери чархи мошин мондани ду ҷавони Тоҷик ва бо эътирофи худаш дар «панҷ минут ҳаллаш карданд» ва оромона озодона, зери ҳеҷ пайгарде нест, дар листи сиёҳ ҳам нест озодона хурда истироҳат карда гашта аст. Чаро чун,ки падараш ҷинояти одамкушияшро ҳал кардааст. Аммо агар ӯ писари шаҳрванди оддӣ мебуд ва он ҳодиса «несчастны случи»  ҳам мебуд ҳатман бо ҷазои сангини ҳама қисмҳои кодекси ҷиноӣ маҳкум ва сараш татбиқ мегашт.

Аммо дар Аврупо бошад кучактарин  қонунвайронкуни як дарди сари бузург аст, инҷо бо ду кило себу чукрии таги сангӣ ва бо ваъдаҳои дуруғини тиллоӣ кор ҳал намешавад. Дар аврупо вақте қоидаи роҳро вайрон куни ва он такрор шавад ҷазоят сангинтар ва бе ягон тардид шаҳодатномаи ронандагиятро мегиранду дубора дарс мехонӣ ва имтиҳон месупорӣ ва боз зери назорат бароят шаҳодатномаи ронандагӣ медиҳанд.  Давлате ки «пешво» дар давоми 30 сол гуё ҷонашро дар хатар гузошта шабу рӯз меҳнат кардааст, бо ду ҷумла бачаи Хушаков баҳои ҳақиқиашро додааст. Давлате, ки қонунҳои қабул намудааш  ба ҳама як хел татбиқ  намегардад, ва дар он фарқ миёни қишри ҳоким ва пулдору ашрофзода аз шаҳрванди одди дида мешавад ин давлат набуда ва қонун волият надорад. Воқеан дар давлати мо волоияти қонун аслан вуҷуд надорад. Қонун ин сухани «пешво», духтари пешво, писари пешво, домодҳои пешво, ҷиянҳои пешво ва қудову андаи ӯ мебошад.

Чи хеле дар урфият мегӯянд об аз боло лой аст.  Дар хотир оред даъватҳои Раҳмоновро оиди харидани саҳмияҳои ГЭС- и Роғун-1  дар охирхои соли 2009 ва аввалҳои соли 2010,бо  баҳонаи нишон додани  ҳисси ватандӯстӣ, (патриотизм) бо баҳонаи дар солҳои наздик халос шудани халқи Тоҷикистон аз буҳрони бе баркӣ, бо як ҳилаву найранг, бо як шайтонигариву дурӯғгӯйи, бо як фишороварӣ ба сари соҳибкорон, бо ваъдаҳои дивидендҳоро бо инсофона тақсим намудан,  зиёда аз 200 миллион доллар пули нақди мардумро чамъ намуда ба  Ориёнбонки  хусурбачааш Ҳасан Саъдуллоев гузошт.  Бо ин пулҳо Кабиров Шералӣ бо Муртазоқулов Ҷамшед ба Амрико  рафта бо пешпардохти  100%,ду ҳавопаймои «Боинг-737/900 ЕR« харида омаданд, ки амрикоиҳо аз ин хари два пардохти пули ин навкисаҳо ҳайрон монданд. Чун,ки дар  даҳсолаҳои охир ширкати «Боинг» бо пешпардохти 100% ҳавопаймоҳои худро нафурӯхта буданд.  Дар тамоми дунё хариди ҳавопаймоҳо бо рохи лизинги ба роҳ монда шудаасту ҳатто Арабистони Сауди ё Амороти Муттаҳидаи Араб  ҳам  аваалан 10-15% пешпардохт ва боқимондааро  дар давоми 15-20 сол оҳиста -оҳиста пардохт менамоянд. Бо  ин қадар боигари ин кишварҳои ғанӣ ва сарватманд  ягон ҳавопайморо бо пули нақди 100% пешпардохт харидорӣ намекунад.

Инҷо боз ҳамон олими ҷавон, доцент Кабиров Шералишоҳ бо схемаи откати 20%- ба киссаи худ масъаларо ҳал намуда буд ва акаи Ҳасани Аробакашро лох карда буд. Ҳасан он вақт хамчун пассажир ба самолет ҳамагӣ 3-4 маротиба нишаста буду ба  харидани самолет ақлаш рост намегирифту бечора тасавурашро ҳам надошт. Баъд аз каме маълумот пайдо намудан бо ину он бо ақлҳо суҳбат кардан муассиси ширкати  «Сомон Эйр»  фаҳмид ки бо  ин кадар маблагхо 5-6 ҳавопаймои лизингӣ харидан хам  мумкин будааст. Пас аз фаҳмидан аз ин тарзи харид Ҳасан Саъдуллоев бо ин шакли лизингӣ шаш ҳавопаймои дигар харида ба як чазираи офшорӣ бо номи Аруба самолетхоро ба кайд гузошт. (Аруба яке аз ҷазираҳоест тобеи давлати Ҳоланд (голандия) ва хело ҷазираи хурдест. Пойтахташ Оранестад ва аҳолии ин ҷазира 113 ҳазор аҳолӣ аст.)

Ин аст он маблағҳое,  ки  мову шумо ҳамчун ватандӯст саҳмияҳои Роғунро харидори намуда, муддати 12-13 сол , то имрӯз бе барқ умр басар мебарем. Аммо ваъдаи «пешво» нисбати дивидендҳоро интизорем. Асосан мақсади «пешво» ба мо маълум гашт, ки ӯ бо як «дилсузӣ» пулҳои мардумро аз сандуқҳояшон чамъ карда ба сандуқи Оила  гузошт. То мабодо хонаҳои моро дузд назанад, рафтораш мисли падарвор буд. Бале ҳамин тавр  «пешво» ҳар як 3-4 сол бо қиссаҳои ватандӯсти ва нангу номус доштани миллат, идҳои кадуву харбузаву тарбузаш сандуқҳои мардумро холӣ карда меистад. Албатта ин ба он хотир аст, ки мабодо мардум бой шуда маст нашаванд, офарин ба ин сиёсати пешгирифтаи «пешво» !!

Аҷобати кор дар он аст, ки муаллими мактаби миёна ё ин, ки кормандони ҷамоатҳо  500-600 сомонӣ маош мегиранд, маьлумоти олӣ ҳам доранд боз охирон пулҳояшонро ба хотири «ҳидоёт ва дастуру пешниҳодоти судманди пешво» дареғ намедоранд.  Боз миёни мардуми камбағал ва нодори кишвар ташвиқоту тарғибот мебаранд, ки пулҳоятонро супоред, надоред аз бачаҳоятон талаб кунед, то ки  аз Руссия пул  бифирстанд,то ин «пешниҳодоти пешвои миллат»ро амалӣ намоем. Ин муаллим ва раиси ҷамоат ва ин мардуми нодори бечора,  худаш бошад  бо гадои духтар шавҳар медиҳад ё писар зан медихад. Бовар кунед ҳайрон мемонем, ба номи Худо ғуломӣ ва ғуломдорӣ аз ин зиёд намешавад. Ин мардумро ин қадар ба як подаи рама мубаддал гардонидааст. Актери калон дар Тоҷикистони мо  худи «пешво» аст, ӯ бояд ҳатман унвони артисти  шоиста ё хизматнишондода ҳам бигирад дар баробари ин унвонҳое бар худаш барчасп задааст.

Аз мавзуъи асосиямон  каме дур шудем вале бовар кунед инҳо дардҳое мебошанд,ки ҳар рӯз ба мо мардум занг мезананду меноланд.  Агар мо нагӯем ин суханонро аз ҳеҷ куҷое намешунавед. Инҳо дардҳое мебошанд,ки ҷомеаи имрӯзи мо моло моли ин дарду ранҷҳост.

Дар маҷлисҳои паси пардагии қаҳрамонони матлаб чӣ мегузард?

Пиров Тоҷиддин  дар як ҷаласаашон изҳори норозигӣ намуда ба тарафи  Хушаков  Курбон Раҳматович гуфтааст: «яке аз  хатогии бузурги мо дар он буд, ки баъзе шахсони бо маводи мухаддир  кору бор доштаро мо ҳамчун партнер ва ҳам шарик ба бонк гирифтем,  баракаи кор хам париду зери танкиду саркуби «Ислох» ва макомотҳо ҳам шудем, ин ҳам бошад бо тавсияи ту буд.» Бале инро мегӯянд эътирофи талх ва бадтар аз гуноҳ.

Боз дар идома Тоҷиддин Пиров чунин гуфтааст:  «Қурбон Хушаков аҷоиб характер дорад, ҳозир розӣ аст барои иқомаи доимӣ ё шаҳрвандии ягон давлати Аврупоро гирифтан розӣ аст  масҷидро монда ба гуши худ ҳалқа овехта ба танаи худ тату (татуировка)ҳам  бизанад. То ин ки ба максади худ бирасад. Ҳозир шаҳрвандии Русияро як аробакаши Тоҷик ҳам дорад»

Лекин худи  Пиров Тоҷиддин  хеле аз дунё  бо умеди шакаробу курутоб хуриаш кафо мондааст. Хушаков Қурбон Раҳматович бошад даҳҳо миллион пулҳоро бо ҳар схемаҳои шубханок  ҳамроҳи бо сохибкорони Эронӣ аз «Точиксодиротбонк»   берун кашида, шароит  ва зисту зиндагии фарзандон ва бизнесҳои худро барвакт рӯ ба роҳ ва танзим кардааст.

Ба гуфтаи худи Хушаков Қурбон Раҳматович «запасной аэродром»-и хуб ташкил намудааст. Аз аввали фаъолияти якчояашон  доимо «раис» Пиров Тоҷиддин  буд, вале Хушаков Қурбон мисли мори таги остин  маврид ва пайк меҷуст, ва доимо дар фикри мустақил шудан ё ин ки «раис» шудан буд. Албатта фикр мекунем вақташ ҳам қариб  расидааст, ки Пиров Тоҷиддин  акнун Хушаков Қурбонро «раис» гуфта дар берун интизор биистад. Аз рӯйи   маълумотҳои мо ва нақли наздикони Хушаков Қурбон  ин рӯзҳои бузург хело ва хело  наздик шудаанд. Албатта инро Тоҷиддин Пиров худаш ҳам эҳсос не балке бо чашмони сараш дида истодааст.

Ҳоло Хушаков Қурбон  бизнеси арматура ва сементи  сафедро бо Эрон шуруь кардаасту, якчанд маротиба ворид сохтааст ба Тоҷикистон. Аз рӯйи маълумотхои гирифтаи мо шарики бизнесиаш аз Эрон як хонум буда, шиносоии онҳо дар яке аз «сиға»— хонаҳои Теҳрон шурӯъ шуда будааст.  Он зан ба қавли худамон «доя» ё «Очаи Садбарг»— и он даргоҳ будаасту дар солҳои дарози «ҳамкории судманди мутақобила»  бо Хушаков  Қурбон муносибатҳои  танго танги дӯстона пайдо карда аст.  Холо бошад он зан, ки ному насаб  ва нусхаи  шиносномаашро мо аз манбаъи муътамади ба ҳардуямон , яъне ҳам Қурбон Хушаков ва «Ислоҳ» даст рас  намудем бо Хушаков бизнесро хуб ба рӯ ба роҳ намуда дар ҳоли инкишофёбӣ аст. Дар барномаи видеоии ин вижа матлаб боз пурратар бо ҳуҷҷатҳо  ва санаду мадорик тақдиматон менамоем.

Аз рӯйи  маълумотҳои ба дасти мо расида, Хушаков Қурбон аз Лондон бо хамсараш Раиса Махсумовна (номи аслияшон Алқосимбӣ), ки онхо дар мавриди шинос намудани дӯстони аврупои ҳамин тавр як номи ҳозиразамон бо маслиҳати хамдигар  ба ӯ мондаанд, воқеан номи зебо, дар хакикат янгамулло  «Раиса» хам хастанд, баъд аз мақолаҳо ва наворҳои Голивудии «Ислох», дигар  бечора Хушаков Қурбон Раҳматович  аз ҳуқуқи танхо сайругашт кардан пурра  махрум гаштаасту доимо бояд якчоя бо Раиса Махсумовна  сафар кунанд ва дар гуфтушунидҳо низ якҷоя бояд подручка бошанд. Хушаков Қурбон худаш мулло аст,  албатта ягон ривояте пайдо карда бошанд барои ин ҳамроҳии пурбаракаташон. Дар ин сафар ё тури аврупоӣ Хушаков Қурбон ва Раиса Махсумовна ба Фаронса ташриф оварданд   як ду рӯз назди писарашон буданд. Чаро ба мо тамос нагирифтанд,ки як меҳмондории хубашон мекардем ва як интервию ҳам мегирифтем ва ин ҳамаро шарҳ медоданд ва воқеан ин қаҳрамонони «Ислоҳ» набояд ҳамин хел омада бе самар бар гарданд. Сипас ҷанобон аз Фаронса  ба Олмон рафта аз аҳволи парники гулҳо хабар гирифтанд. Дар инҷо кори муҳимме пеш омад, ки бояд ба Голландия рафта баъзе тухмиҳои гулро фаврӣ бояд бо худ ба Тоҷикистон бубуаранд. Албатта ҳамин тавр ҳам намуданд, ҳоло бошад аз рӯйи  нақшаи Раиса Махсумовна бояд ба Туркия парвоз кунанд ва сипас ба Тоҷикистон  баргарданд, албатта агар нақшахои Раиса Махсумовна  тағир наёбад. Чун, ки дар Тоҷикистон гармои шадид ҳукмфармост ва тибқи маълумоти охири расида ба «Ислоҳ» вазири дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода ва як қатор мақомоти вазорати дохила ду ҳафта пеш дар Туркия буданд ва вазир баргашту ҳамроҳони вазир дар Туркия буданд, то дирӯз. Албатта бояд инро низ бигӯем, ки ҷаноби сафири кабири кишвар Ашраф Гулов оғози ҳафта ба Душанбе баргашта аст. Мисле «пешво» пас аз ончи бо Ҷамолиддин Нуралиев гузашт сахт нигарон будааст. Мисле маҷлиси оилавии зери тадобири шадиди амниятӣ қарор будааст доир гардад.

Хамин тавр турнеи Хушаков Қурбон  бо хамсараш Раиса Махсумовна давом дорад, дар ҳақиқат шоистаи таҳсину офарин ҳам ҳаст, ки ба тамоми давлатҳои аврупои кору тиҷорат дорад,  вақте  харҷ аз киссаи бечора муштариёни саргардони бонк намебуд, онро фахри миллат ҳам мегуфтем хато намекардем. Аммо афсус,ки масорифи ин сафарҳо пулҳои мардуми сарсону саргардони муштариёни «Точиксодиротбонк» аст.

Аз вижаи матлаби  гузашта Давлатали Саидов  хафагӣ намудааст, ки парики ман сиёх буд, дар видео чаро зард омадааст, мумкин аст  бо парики Ҷамолиддин  Нуралиев иваз шуда бошад. Ба наздики дар як мақолаи радиои озодӣ ҳисоботи охирони компанияи итолявӣ нашр гардид, ки дар он алакай қимати тендер аз 3,9 миллиард доллар ба 8,2 миллиард расидааст, ана инро «Дуздии Аср» ном гузорем  мешавад. Нақшаи  ҳамаи ин  махинацияҳои пулкоркуниро махз Давлатали Саидов  бо Ҷамолиддин  Нуралиев  кашидаанд, намедонем ин  ҳисобу китобҳои дар ақл чой намегирифта аз ҳисоби нодонӣ, бесаводӣ бошад ё  ин ки нафси калон доштани  аъзоёни Оила?!

Боз қайд менамоем, ки номумкин аст, ки ширкат бо қимати 3,9 миллиард доллар ғолиби тендер шаваду дар вақти сохтумон нарх 2-3 маротиба боло равад, ин маблағи  ду сола бюджети Тоҷикистон аст.

Савол ба миён меояд, ки кучоянд он   вакилони ба ном мардумӣ, кани он ба ном «ҳизбҳои сиёсӣ» ва вакилони ба гуфтаи худашон «оппозиционӣ», дар охир кани он ба ном сарвазир?! Маком ва нуфузи сарвазири дар Тоҷикистон  камтар  аз вазиру раисони вилояту раисони кумитаҳо аст, ин вазифаро бояд барҳам дод. Аслан ягон ричаги ҳокимият дар даст надорад, ғайр аз химояи бизнесхои домодҳову хешу таборони худ.

Дар вижаҳои гузашта як гурӯх одамонро мо бо хоҳиши  худашон ному насаб  ва маблағхои супоридаашон ба «Тоҷиксодиротбонк» ро нашр карда будем, бовар кунед ба сари 3-4 нафари онҳо фаврӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқ омада зери пурсишу фишор баёнотҳо гирифтанд, ки шумо барои чӣ ба «Ислох» муроҷиат намудед,  магар дигар газетаву сайтхо дар Тоҷикистон набуданд?!

Аз як тараф хурсанд шудем, ки ба доди ин мардуми бечора   мақомот    эьтибор дод, лекин дар мавриди саволи муштариён, «пулҳоямонро аз куҷо ва кай мегирем» гуфтанд, бонк муфлис шуд, ҳама аз рӯйи шартнома ба  пункти  «форс-мажор» афтиден, аҷоиб давлату давлатдорӣ ва қонунҳои ғалатие дорад ин ҷаннати сохтаи пешво.

Хурсандиовараш дар он аст, ки даҳҳо нафари дигар пас аз нашри мақолаҳо  ва наворҳо муроҷиат намуданд, ки номҳои онҳоро ҳатман нависем, ва розӣ ҳастанд ба ҳамагуна кормандони ҳукумати суҳбат кунанд, маълум аст, ки халқ хеле аз ҷонаш сер шудааст аз ин ноадолатихои дар кишвар ҳукмфармо.

Идиев Ҳусейни Тоҷикматлуботро фаромӯш накардаем

Мо дар ин вижа исми Идиев Ҳусейнро ҳуқуқи нагирифтан надорем, барои он ки Идиев Ҳусейн бисёр асабӣ ва руҳафтода шудаасту такрор ба такрор ҳақорату дашном намуда мегуфтааст:  «ман ба ки бадӣ кардам, ки маро вақтҳои охир дар «Ислох» менависанд», мисли девона аз ҳама хавф мебурдааст ва ба наздиконаш гуфтааст: «касе тарафи ман нигоҳ кунад фикр мекунам ана ҳамин одам нисбати ман ба «Ислоҳ» маълумот навишта  фиристода аст. Вагарна «Ислоҳ» аз куҷо медонад аз дохили ман?».

Идиев Ҳусейн  бо одамфурӯшиву хушомад ва шайтонгари сохиби даҳҳо миллион доллар ва соҳиби вазифаву ду се зан ва 4-5 ба гуфтаи худаш «арусак» шудаасту  мехоҳад оромона давраи пири ронад. Аммо афсус ки ҳаёт як ранг намемонад, ту бо кадом роҳ ба ин мақом расидиву ин маблағҳоро ҷамъ кардию ғундоштӣ? Мо ба ту мегуем, бо роҳҳои одамфурӯшӣ, хаёти одамонро шикастан, даҳҳо нафаронро хонавайрон сохтан, аз номи Ҳасани дахмарда ба сари мардум зулму ситам намудан, амволҳои мардумро бо ҳар роҳи қаллобӣ ғасб намудан, духтарони мардумро таҷовуз кардан, ана ин аст як қисми роҳи ба максади имрӯза расидаи ту.  Ту барои расидан ва наздик шудан ба Ҳасани даҳмарда наздиктарин ашхоси худро фурӯхтӣ, то ба ин ҷоҳо расӣ. Аммо умр кутоҳ аст ва ҳама амалкарди ту пеши ин мардум ва Аллоҳ сабт аст ва ҳатман ҷавоб хоҳи гуфт.

Бо каме аз ҳаёти Идиев Ҳусайн матлабро ба поён мерасонем

Ҳоло як лаҳзаи кутоҳаки ҳаёти ҷавонии Идиев Ҳусайнро ба ёд меорем. Ҷавонии Идиев Ҳусайн дар ноҳияи Восеъ, қишлоқи Коммунизм, аз рӯйи нақли ҳамсинфонаш гузаштааст. Дар ҳақиқат чавони пеши қишлоқ будааст. Дар солҳои 1980-1983 аз ҳама сару либоси базеб, спортивный костюм «Adidas«, красовкаи «Adidas» дар дасташ доимо магнитофони «Весна 202″  дар болои хари хеле орову торо дода, бо номи «Ҷими», дар гардани хар як қатор зангулачаҳои зард дар офтоб ҷило  медоданду зангула мезаданд, бо як  фахр ва ҳавобаландӣ мисли ҳозира   ду тарафи қишлоқ аз саҳар , то бегоҳ магнитофонро бо овози баланд гузошта  мерафтасту меомадааст. Ҳайрон шудем, ки номи харро  барои чи «Ҷими» гузоштааст, хамсухбати «Ислоҳ» нақл кард, ки кинофильми Ҳиндӣ бо номи  «Танцор диско»  нав баромада буду дар тамоми ҷой суруди «Ҷими-Ҷими» муд  ва хонда мешуд.  Магнитофони Ҳусейн доимо дар дасташ, дар  болои хар бо овози баланд фақат ҳамин сурудро  рӯзе мумкин садҳо ё ҳазорҳо маротиба мехондааст, хар аз зиёд гуш кардани ин суруд гоҳо аз бисёр шунидани ин шеъру мусиқӣ ба завқ омада якчанд маротиба гуё рақс кардааст, ба ҳамин хотир номи харро «Чими» монда будааст.  Идиев Ҳусайн аз ҷавонӣ «соҳибкор» ҳам будааст, бо хари худ баъзе ҷойҳо истода магнитофонро баланд дар ягон майдонча мувофиқи талаби муштариҳо мемондааст, мардум то ки рақсу бози намоянд.  Сипас мувофиқи маслиҳат ба ӯ  пул ё лимонад медода будаанд. Касоне ки қишлоқи Коммунизм, Правда ва Тугараки  Восеъро бидонанд мефаҳманд, ки он ҷо зиёдтар ҷугиҳо зиндагӣ мекунанд. Аммо имрӯз аз он рӯзҳои гузаштаашро бо имрӯзаш якбор қиёс мекарда бошад? Хари Ҷимияшро бо ҷипҳои гаронарзиш иваз карда аст. Агар ин пулҳо бо роҳи ҳалол ба даст меовард ҳеҷ кас эътирозе надошт. Аммо ин пулҳо аз буҷаи кишвар ва хуни ҷигари ин мардуми мазлуми кишвар аст.

Ҳусайн Идиев ба гуфтаи мардуми қишлоқ аз хурдсоли  хуни савдогарӣ доштааст. Албатта пулҳои калон талаботашон ҳам калон аст, шартҳояшон ҳам душвор аст. Инчунин ҷавоб гуфтанаш ҳам вазмину душвортар. Мо ҳоло аз ин дунёяш гап мезанем.

Аммо Идиев Ҳусайн мақсад гузошта будааст, ки бояд ба ҳамин қуллаҳо бирасам, фарқ надорад бо мардӣ ё номардӣ ва  воқеан ҳамин тавр хам шуд. Аллоҳ оқибаташро бахайр гардонад.  Ба Идиев Ҳусайн шояд ҳаёт ва охирҳои рӯзҳои зиндагии дусту , бародараш ва ҳаммаслакаш оиди чиноятҳои  Вадудов Мадиёр дарсе шавад ва каме шабҳо фикр ҳам кунаду ба худ ояд. Тибқи маълумоти охире ба «Ислоҳ» расида Ҳасан Саъдуллоев ба ёрдамчияш супориш дода будааст,ки аз пушти ҳамин Ҳусейн наззоратро хубтар кунад. Албатта мо натавонистем фаҳмида манзур аз наззоратро хубтар кунад ба кадом мақсад бошад? Аммо мо ҳаминро медонем,ки Ҳусайн бо Ҳасан аз он солҳоест,ки Ҳасан ба Душанбе омада буд мебошад. Хело аз сиру асрори ӯро медонад, чизҳоеро медонад,ки барои Ҳасан як шармандагӣ аст. Ҳоло дигар ӯ муовини «пешво» ва тағаи Рустам ва олигархи бузурги кишвар аст. Ончи Ҳусайн Идиев медонад барои Ҳасан Саъдуллоев хушоянд нест. Хулоса пас аз Мадиёр Вадудов аз ин куҳна афроди боқимонда ҳамин Ҳусайн Идиев ҳаст ва се нафари дигар,ки асомии онҳоро низ пурра дар вижаҳои баъди хоҳем гуфт.

Бале хонандаи гиромии «Ислоҳ» дар вижаматолиби  оянда ин шо Аллоҳ аз  саргузаштҳои қахрамонҳои манфиии «Ислоҳ» маълумотҳои ҷолибу хонадание тақдими шумо менамоем.

Поёни вижаматлаби ҳаштум, бо «Ислоҳ» бошед, то бештар огоҳ гардед…

Сообщение Поёни тури Евро-Осиёи Раиса Махсумовна ва Ҷимии Идиев Ҳусайн появились сначала на ISLOH.net.

Мансур Умаров дар орзуи президентӣ ва чанд афёраи бонкӣ
(идомаи матолиби «Ислоҳ» дар бораи генерал Мансур Умаров, сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон)

Салом бародари азиз Муҳаммадиқбол!

«Барои нашри бахши аввали мақола мо бисёр миннатдор ҳастем. Бо иҷозати шумо мехоҳам каме аз зиндагиву амалҳои ин шахсони ба фикри худашон «БУЗУРГ» ҳикоятамонро идома бидиҳам. Ончи мо менависем ягон калимаи дурӯғ ва ё туҳмат надорад, фақат ҳақиқат!»

Ман бар ин боварам, ки аз ин рафтору кирдори наздиконаш генерал Мансур Умаров дарак надорад. Агар дошта бошад,ин одам тамоман як шахси хавфнок барои ҷамъият аст. Мансур Умаров ҳам мисли ҳамаи роҳбарон таърифу тавсифро дуст медораду Пиров, Хушаков, Диловар ва дигарон сари дастурхони қурутоб уро ба осмон мебардоранду аз пасаш корҳои ношоистаи худро аз номи вай давом медиҳанд. Фикр мекунам ин навиштаҳо каме чашмони уро мекушояд. Муддати тулонӣ фикр кардам, охир тоқат тоқ шуд ва ба ин натиҷа расидам, ки кам -кам воқеъаҳои аз пеши чашми худам гузашта ва низ нақлҳои аз худашон шунидаамро руи коғаз биёварам.

«Албатта ба «қаҳрамонон»-и мақола ин гапҳо бисёр сахт мерасад, лекин бояд дар оянда фикр кунанд ва каме заминӣ шаванд. Яке худашро эшону муллову мавлавӣ мегираду дигаре худро аристократ, олигарх ва аз табақаҳои баланди ҷамъият, сеюмӣ худро академику профессор ва боақлу донои миллат метарошад. Албатта, ин рафторҳо дар назари одамон бисёр бад менамояд. Лекин, мутаассифона бисёре аз мардуми тоҷик хушомадгӯӣ ва дуруягӣ мекунанд.»

Ба номи Худо қасам, бисёр аз касоне, ки мақолаи аввалро хондаанд, ба ҳамаи далелу мисолҳо розӣ шудаанд, фақат барои хотирбинӣ қаноатмандии худро нишон намедиҳанд. Мо мехоҳем, ки каме онҳо- ин қаҳрамонҳоро ба ҳуш оварда ба замин фароварем. Онҳо хонаи садҳо, ҳазорҳо одамонро сузонидаанду боз сузонида истодаанд. Мисоли оддиаш, як бонки замоне беҳтарин, ки роҳбараш Изатулло Лаълбеков буд ва дар ТОП -100 рейтинги бонкҳои пешрафтаи собиқ Иттифоқи шуравӣ ҷой дошт,бо шантажу зуроварӣ,бо маҳалгароии ду муаллими  растанипарвар (пиёз)аз Институти хоҷагии  қишлоқ аз они худ карда, кадрҳои асосиро аз Кули Суфиён ва аз колхози Карл Маркси Фархор оварданд. Ҳамаи мутахассисони пуртаҷриба, саҳмиядорон, собиқадоронро бе ягон асос аз кор ронда, ба ҷояшон аз коргари оддӣ то охирон мутахассис хешу табор, ҳамсояву шиносҳо, маъшуқаҳои якум ва дуюм, зану духтарони рафиқони  худро оварда, бонкро ба нестӣ расониданд. Дар маҷмуъ, ки зарар дид? Албатта, боз мардуми пуртоқату заҳматкаши тоҷик, садҳо миллион доллари мардуми бечора дар дасти ин ду бо ном  эшону мулло ва насиҳатгари мардум монд.

Чуноне, ки дар урфият мегуянд:

Айби худ нодон надонад дар ҷаҳон,

Бошад андар ҷустани айби касон.

Қурбон Раҳматович борҳо такрор ба такрор мегуяд, ки гунаҳгори асосии банкрот шудани «Тоҷиксодиротбонк» домоди Раҳмонов, муовини аввали Бонки Миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев мебошад. Ҷамолиддин, вақте ҳанӯз худаш бонки шахсӣ надошт (манзур Спитаменбонк) пулҳои аз роҳи Душанбе -Хуҷанд чамъ меовардаашро ба бонк маҷбурӣ бо фоизҳои калон мегузошт. Пули роҳ пули кам нест. Ҳар моҳе аз 15 то 20  миллион доллар! Дар натиҷа бонк муфлис шуд. Боз далели дигараш ин аст ки барои бонкро аз банкротшавӣ халос намудан ва депозити мардумро баргардонидан вазорати молия ва Бонки Миллӣ пули калон ҷудо намуда буд. Лекин маблағ ба ҳисоби «Тоҷиксодиротбонк» даром-надаром, дақиқтараш нарасида Ҷамолиддин Нуралиев тамоми пулҳои гузоштаи худаш аз роҳи Душанбе-Чаноқ ва депозити Гулов Шералиро бо фоизҳои калон дошта аз ҳисоби пули ҷудошуда  гирифт. Имкон надод, нагузошт, ки бонк бо истифода аз ин пулҳо каме ба пой рост шавад. Мақсади асосии Ҷамолиддин Нуралиев ин буд, ки бонки навтаъсиси худаш «Спитаменбанк» қавитар гашта ҳамаи муштариён ба онҷо гузаронд ва мансабдороне, ки онҷо миллионҳо доллари худро нигоҳ медоштанд, гирифта натавонанд.  Ин аст хулосаҳои баровардаи Қурбон Раҳматович ва Пиров Тоҷиддин оиди банкрот шудани «Тоҷиксодиротбонк»

» Мумкин далели онҳо дуруст ҳам бошад. Барои он ки ҳамаи бонкҳо зери назорати Оила гузаштаанд. Сиёсати асосии Раҳмонов аз рузи аввал ин аст ки ҳамаи пулҳои Тоҷикистон  бояд дар дасти Оила бошад. Ва ҳоло ҳамин тавр ҳам шудааст. Нигоҳ кунед, ки кадоме аз домодҳояш имрӯз бонки шахсии худро надорад?»

Мо дар давоми зиёда аз 30 соли роҳбарии Раҳмонов бо чашми худ мебинем, ки касеро вазиру раиси ягон идораву сохтор таъин намояд, ҳатман аз охранники дарвоза то ҷонишини аввалу ҳафтум  аз ҳамон минтақа ва ҳатман хешу табори он роҳбар таъин ва оварда мешавад. Гӯиё Раҳмонов вазорату идора, яъне кор маъмурияту масъулият,  вазифаи давлатӣ неву ҳавли ё хона туҳфа карда бошад. Мутаассифона, ҳукуматро аз Раҳмонов гирифта то ба як раиси ҷамоат ба бизнес табдтил додаанд. Дар ҳақиқат об аз боло лой аст. Як бор ақаллан ба ҳамин Эрону Афғонистон нигоҳ кунед, ки ягон роҳбар наметавонад шиносу хешутабори худро кашида ба вазорат ё сохтораш биёварад.

Як гурӯҳ мансабдорони калони ҳукумати Раҳмонов пулҳои худро ба бонки Пиров –«Тоҷиксодиротбонк» гузошта буданд, ки як рузи ба нафақа баромадан роҳат карда мехуранд.

Мо, аз миллионҳо-миллионҳо доллар пулҳои сухтаи собиқ раиси гумруки Тоҷикистон Гурез Зарипов10-12 миллион доллар, собиқ раиси вилояти пешини Кулоб –Қурбон Мирзоалиев 28 миллион доллар, марҳум Сафар Сафаров, сафири собиқи Тоҷикистон дар Русия-16 миллион доллар, собиқ раиси Суди Олӣ Абдуллоев Нусратулло, собиқ Прокурори генералӣ Шерхон Салимов, собиқ вазири энергетика ва саноат ва қудои худи Раҳмонов, Гулов  Шералӣ, собиқ раиси «Тоҷикайр»-Тиллоев Ҳокимшо, собиқ прокурори нақлиёт Қурбонов Шарифхон ва собиқ прокурори Душанбе Муҳаббатов Қурбоналӣ, Абдуҷаббор Раҳмонов, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон, Нуриддин Ҷартиевич Саидов, раиси Кумитаи телевизион ва радио ва бисёре дигарон ғамгин нестем. (Дар бораи ҳаҷми пулҳои сухтаи ин афроди наздики Эммалӣ Раҳмонов як барномаи алоҳида дар ҳоли омода шудан аст).

«Ин одамон бе арақи ҷабин, бе меҳнат, аз ҳисоби пораву шантаж ва суистифода аз мансаб, дуздиву ғорати амвол ва буҷаи мамлакат соҳиби миллионҳо шуда буданд. Аммо диламон ба мардуми оддӣ месузад, ки то имруз ба доди онҳо не ҳукумат мерасаду не каси дигар. Баъзе аз «хушбахтарин»-и одамон хонаҳои 10-15 ҳазораи Бек Сабурро бар ивази 150-200 ҳазор доллар аз бонк «аз хук муе» гуфта қабул намуданд. Вой бар ҳоли ин хел сармоягузорӣ дар асри 21. Афёраи МММ-и Мавроди дар назди ин олимону академикони  тоҷик сифр аст.»

Лекин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин пулҳо ҷойи худро хуб ёфтаанд. Хушаков Қурбон Раҳматович бо писараш Эҳсон Раҳматов, ки дар Ашани Фаронса кор ва зиндагӣ мекунад, ду квартираи беҳтарин дар Париж ва ба духтаронаш Ҷамолби ва Соҳибӣ, ки дар Лондон, яке дар донишгоҳи тиббӣ ва дигаре дар соҳаи иқтисодиёт таҳсил ва соле то 70-80.000    фунт месупоранд, як хонаи беҳтарин тахминан ба 1,5 миллион фунт -стерлинг харида ҳамчун падар туҳфа кардааст. Падар бояд ҳамин тавр бошад, аммо на аз ҳисоби макидани хуни мардуми мазлуму камбағалу бепуштубон, балки аз ҳисоби худ.

Диловар Муҳиддинов низ ба духтараш дар ҳамсоягӣ бо Қурбон Раҳматович дар Париж хонаи хеле хуб харидааст. Як бор худатон нигоҳ кунед, зиндонҳо пур аз одамоне, ки бо як маблағҳои ночиз10-12 соли ҳукм гирифта ҳаёти худро паси панҷара мегузаронанд. Ин академикҳо даҳҳо ҳазор мардуми бечораву камбизоатро фиребу кидат карданд, фақат ба хотири таҳсили фарзандони худ дар Англияву Фаронса ва онҷо қатори элитаҳо дар хонаҳои шахсии худ зиндагӣ кардан.

» Пиров Тоҷиддин низ як почаи худро аллакай он суи уқёнуси Атлантик гузоштааст. Ҳамсар ва баъзе фарзандонашро барвақт дар Америка ҷо ба ҷо карда дар солҳои наздик ҳамакаса табаияташ (гражданство)-ро низ мегиранд. Ҳайрон мемонем, ки барои чи аз «биҳишт»-и сохтаи пешвояшон мегурезанд. Амонулло Ҳукумов, ки барвақт дар Карловий варии Прага хонаву дари чандмиллиондолларӣ харидаву онҷо ба сар мебарад.»

Дар яке аз мурофиаҳои додгоҳӣ дар Эрон миллиардери эронӣ  Бобаки Занҷонӣ, ки як муддате  дар Тоҷикистон зиндагӣ ва тиҷорат кардааст, нишондод додааст, ки дар «Тоҷиксодиротбонк» зиёда аз 70 миллион доллар пул дар депозит мондаам, то ҳатто намояндагони идораҳои қудратии Эрон ба Тоҷикистон омада ин пулҳоро пурсон шудаанд,то ҳукумат муроҷиат карданд, лекин  бенатиҷа баргаштанд.

«Тоҷиксодиротбонк» қарордоди ҳамкорӣ бо бонки «Тиҷорат» ва «Персиян»-и Эрон   ва додани кортҳои бонкӣ ба мардуми Эрон дошта буданд. Азбаски кортҳои Эрон берун аз кишвар кор намекунад, онҳо истифода аз кортҳои «Тоҷиксодиротбонк» мекарданд. Танҳо аз ин ҳисоб зиёда аз 30 ҳазор муштарӣ пулҳои худро гум кардаанд. Ҳол он ки зиёда аз 30 сол Эрон дар санксия қарор дорад ва корту бонкҳояш дар хориҷи кишвар кор намекунанд, ин акадамикҳо роҳашро ба эрониён ёфта доданд. Ҳоло бошад нисбати «Тоҷиксодиротбонк» ва роҳбарияташ онҷо парванда оғоз шудааст. Ҳамин хел обруй ва имиҷи бонкдории Тоҷикистон дар байни дигар давлатҳо сахт поён рафт.

«Ии амалиетҳои ғайриқонунии банкирҳои тоҷикро Ҷамолиддин Нуралиев боз васеътар  истифода бурда ин ҷиноятҳоро давом дода истодааст. Барои ҳамин бо бонкҳои Тоҷикистон қариб ягон бонкҳои ҷаҳонӣ бовар надорад. Ин ҳодисаҳо боз сабабу далел барои нобоварии онхо ба Тоҷикистон мешавад.»

Мо Эҳсонро дар хотир дорем.3-4 сол пеш дар назди Донишгоҳи славянӣ  бо мошин дар ҳолати мастӣ як духтари 31-соларо зада ба ҳалокат расонд. Он духтар дар Шурои Олӣ кор мекард. Қурбон Раҳматович бо тези писарашро бо ҷиянаш ба номи Бахтиёр иваз карда, бо ваъдаҳои мошину хона  ба органҳои қудратӣ супорид ва 6 моҳ  пас халос кард. Аммо аз хонаву мошин дараке нест ва Бахтиёр то ҳозир интизори хонаву мошин аст.

Аммо Эҳсонро зуд ба Франсия равон кард. Лекин баъди аз як сол боз ба Тоҷикистон баргашта айнан ҳамин хел боз дар садама як марди дигареро ба ҳалокат расонид. Ҳайратовар ин аст ки боз Бахтиёр ба кала гирифт, бо умеди хонаву мошини ваъда кардаи тағо. Эҳсон дигар аз  беқонунӣ дар Тоҷикистон ва инки вай ва падараш фароқонунанд истифода бурда, дар як муноқиша ба писари Комил Мирзоалиев, сардори идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон якчанд корд задааст. Ин ҳодиса ҳам беҷазо монд. (Нисбати ҷиноятҳои Комил Мирзоалиев (Эскабаро) ва муносибатҳояш бо Диловар дар барномаҳои вижаи оянда муфассалтар нақл мекунем.)

Мисли Эҳсон бисёр фарзандони вазирону миллионерҳо дар Тоҷикистон айнан ҳамин хел ҷиноятҳо содир карда аммо беҷазо мондаанд, поёнтар ёдовар мешавем,

Қурбон Раҳматович ба хонаи мотамзада рафта ба зону зада ваъдахои аз осмон ситора оварданро кардаасту дар охир бо ду кг себ ва ду кг чукрии тагсанги ҷонашро халос намуда, ягон сомонӣ ба он оилаи мотамзада ёрӣ накардааст. Аммо гуфтааст, ки вақти аз чорроҳа гузаштан бояд ин тараф он тараф нигоҳ мекард, яъне, ки айби худи мурда. Барои ҳамин дар урфият мегуянд, гуфтаи муллоро куну кардаашро накун.

Нисбати «Ашан»-и Душанбе ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки Қурбон Раҳматович дар вақти бастани шартномаи иҷора бо Ашани Франсия схемаи бисёр хубе пешниҳод карда то ба дасти вазорати молия ва Бонки Миллӣ гузаштани «Ашан»-и Душанбе миллионҳо еврои онҳоро ба ҳисоби писараш Эҳсон гузаронид. Писараш шаҳрванди Франсия ва дар ширкати «Ашан»-и Франсия  кор мекунад.

Писари дигари Қурбон Раҳматович номаш Сорбон- ҷонишини раиси Бонки рушди Тоҷикистон мебошад. Ин бонкро бо як схемаҳои бисёр пурпечутоби коррупсионӣ ва бо роҳи ҳисоббаробаркуи (зачет) аз Барқи Тоҷик  аз духтари Рахмонов ба маблағи 48 млн доллар бо ПировТоҷиддин харидаанд. Ҳоло кушиш доранд, ки бо ёрӣ ва дастгирии бевоситаи муовини сарвазир Саидов Давлаталӣ ин бонкро бо ҳамкории бонкҳои Арабистони Саудиву Туркия,бонки исломӣи созанд.То ин бор мардуми бечораро аз номи Ислом фиреб кунанд.

«Дар Эрон самолётҳои бо пули «Тоҷиксодиротбонк» харидаро ғайриқонунӣ «списат» карданд. Ин самолётҳои «Боинг» то солҳои наздик дар он ҷо ба иҷора дода шуда буданд. Аз рӯи баъзе маьлумотҳо самолетҳои Боинг -737 ва Боинг- 767 — ро ба маблағи 23 миллион доллар фурӯхта пулашро дар Москва ва ё дар Афғонистон сармоягузорӣ кардааст, бо Диловар Муҳиддинов -партнери тиҷоратиаш. Албатта, дар ин бора дар  мақолаҳои дигар бештар хоҳем гуфт.»

Ҳамчунин дар навиштаҳои баъдӣ аз як моҷарои ҷолиби дигар хоҳем гуфтки нишон медиҳад Диловар Муҳиддинов чи гуна хонаҳои гаронбаҳои собиқ банкир Ҷамшед Зиёев,(Тоҷпромбонк),ки феълан дар зиндон қарор дорад бо фиреб харидааст. Гап дар инҷо аст ки дар ин кори Диловар Муҳиддинов Мансур Умаров, раиси Идораи зиндонҳо ҳам шарик аст. Ҷамшед Зиёевро фиреб мекунанд, ки фалон миқдор пул диҳӣ, ёрдам мекунем, ки аз сари суд озод шавӣ. Диловар,писари Ҷамшед Зиёевро фиреб дода хонаҳои дар Арбати Москва воқеъ будаи ӯро бо нархҳои квартираи Душанбе аз они худ мекунад.    Диловар дар ҳақиқат ҳамкор ФСБ аст. Вай,тавре кард, ки директори «Гостевой Дом»- и Тоҷикистон дар Москва се сол мамнуъулвуруд шавад ва танҳо бо дахолати    сафири пешиниТоҷикистон дар Русия Имомиддин Сатторов тавонистанд ӯро аз феҳристи ашхоси мамнуъулвуруд (запрет) берун оваранд.

Дар ин бора,дар бораи байни директори меҳмонхонаи Тоҷикистон дар Москва ва Диловар чи проблемаҳо буданду то ҳоло ҳал нашудаанд, дар бораи чи тавр ҳамсоя  Ашраф Гулов ва то қиёмат ваъдаи «акаи манӣ» –гӯиҳояш низ дар матлаби ҷудогонае пурратар хоҳем гуфт.

Факту далелҳое дар даст дорем нишон медиҳад, ки ин гурӯҳ интизор ва боумед ҳастанд, ки рӯзе сари қудрат мебиёянд. Дар бораи гуфтушунид ва рафтуо бо сиёсатмадорони Русия ва хешу таборӣ бо кормандони аппарати Президенти Узбекистон ва вохуриҳо дар оянда нақл мекунем.

Вой бар ҳоли ин миллат, ки зиёда аз 30 сол ин ситаму зуроварӣ, беадолативу нобаробарӣ, ваҳшигариву қонунвайронкуниҳоро дар ин «ҷаннат»- и сохтаи Раҳмонов   тоқат карда истодааст. Боз гурӯҳи дигар нақша дорад сари қудрат омада ин миллатро таҷовуз кунанд.

Мо, фақат ва фақат мехоҳем, ки дар ватан адолат ва қонун ба ҳама якхел татбиқ бишавад.

Поёни бахши дуввум    ……. давом дорад, чуноне гуфта будем  ин моҷароҳои аҷибу ғариб дувоздаҳ бахш мешаванд,ки даҳтои дигараш боқист. Бо “Ислоҳ” бошед, то аз ҳама моҷроҳои пӯшида бештар огоҳи пайдо намоед.

Сообщение Мансур Умаров дар орзуи президентӣ ва чанд афёраи бонкӣ появились сначала на ISLOH.net.