Архивы Тошканд - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №350
Ин 350умин барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» аст ки дар ин рӯзҳои баҳорӣ таҳия ва тақдими шумо мегардад.

Барномаи «Номаҳо…» аз барномаҳои писандидаи шумост, ки соли саввум аст нашру пахш мешавад. Муаллифи ин барнома, худи шумо -ҳамватанони азиз ҳастед.

Феълан дар бораи ин барнома зиёд сухан намекунем. Фақат ҳаминро гуфтанием, ки ин барнома бо нашру пахши номаҳои шумо то ба имрӯз рисолат ва бори як расонаи мустақилро холисона ва аз таҳти дил иҷро ва кашида истодааст…..

Дар ин навбати барнома аз Шаҳринав, Ваҳдат, Ғафуров Тошканд ва Душанбе номаҳо дорем.

Дар номаи расида аз Шаҳринав дар бораи раиси ҷамоат, ки як хонум буда ва мисли соири мансабдорони сатҳи маҳаллии ҳукумати Раҳмонов замину иншоотро ба худ ва наздиконаш «хусусӣ» карда ва маъракаи даъвати аскариро ба манбаъи даромад табдил додааст, сухан меравад.

Дар номаи Ваҳдат ҳам айнан ҳамин масъалаи фурӯши замин аз тарафи раиси ҷамоат дар миён гузошта шудааст. Ин раиси ҷамоат бошад замини қабристонро ба тағоандараш фурӯхтааст.

Номаи муаллифи тошкандӣ як масъалаи мубрами рӯз ришвату пораситонии кормандони марзбонӣ ва гумруки Тоҷикистонро матраҳ кардааст. Ин нафар мегӯяд, ки ба ҳайси як тоҷики Узбекистон аз ин рафтори ҳаммилатони худ дар гузаргоҳи марзии Регар зери бори хиҷолат монд.

Як муҳоҷири ҳамватани мо аз шаҳри Екатеринбурги Русия дар бораи Гулия-Гулчеҳра Меликова навиштааст. Бале, ин ҳамон Гулияе аст ки мо дар бораи вай чанд рӯзи пеш як мақолаи алоҳида чоп намуда будем.

Аз Душанбе як номаи ҷолиберо ин бор дар барнома ҷой додем. Муаллиф як қиёси ҷолибе дар мавриди шахсиятҳои шинохта ва машҳури Тоҷикистон кардааст.

Аз шаҳри Ғафуров дар бораи раиси пешинаи ин шаҳр Нусратулло Салимзода ва мушкилоти ба меросмондаи вай навиштаанд.

Шаҳринав

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол!

Ман бародари шаҳринавии шумо бо пароли «Регар –1» ҳастам. Бародар умедворам, ки хубу саломат бошед. Инҷо мехоҳам дар бораи раиси ҷамоати Боғистони ноҳияи Шаҳринав як маълумот диҳам. Раиси ҷамоат Барно Раҳимова ном дорад.

Ин зан намедонам бо кадом сабабе аз шавҳараш ҷудо шуд. Шавҳараш чи гуноҳеяшро қапиду аз Русия омада талоқашро дода бозпас гашту ба Русия рафт! Ин раисаи ҷамоат худ зодаи ҳамин ҷамоати Боғистон буда дар ҳаминҷо дар як оилаи камбағал калон шуда буд. Лекин аз рӯзе, ки дар ҳукумат ба кор даромад шуруъ бар макидани хуни мардум кард.

Ин раиса дар ҷамоат чи замине, ки ба қап кард соҳибӣ кард. Китобхонаву замини он ва тирхонаро, ки дар саҳни мактаб буду мактаббачагон нигоҳубину кабудизору гулкорӣ мекарданд соҳиби кард. Дар замини байни мактабу китобхонаи мактаб бо ҳамроҳии додараш барои додараш як коттеҷи дуошёна бардошт. Замини тирхона, ки дар рӯ ба рӯи мактаб қарор дошт дар муқобили ҳамин хонаи сохтагиашон буд, ки онро ҳам соҳибӣ карда барои падараш хона сохта дод. Ҳол он ки падараш ҳам хонаи заминӣ дар назди мактаби куҳна дораду ҳам хонаи сексия дар кӯчаи ба номи Чехов. Падараш як пенсионер, занаш аз дунё гузаштагӣ, ду хона дорад, боз сеюм хонаро чи кор мекарда бошад? Ҳол он ки дар ҷамоат зиёданд оилаҳое, ки дар як ҳавлӣ як чанд оила бо фарзандони зиёде зиндагӣ мекунанд.

Аммо ин раиса бошад фақат барои падари пенсионераш се хонаву заминро соҳибӣ кардааст! Болои ин ҳама барои худаш як хонае, ки аз қафои бинои идораи ҷамоат шавҳараш харида буд ва дар наздаш як плошадкаи калон дошт, он заминро ҳам соҳибӣ карда бо ном корхонаи дузандагӣ гӯё сохт- ду ошёна ва дар девори берунаш як плакат зада корхонаи дузандагӣ нависту халос! Ҳоло бошад дар ин ду ошёна зиндагӣ дорад!

Ва ба болои ин қадар боигарӣ боз аз нафароне, ки бачаашон ба синни аскарӣ расидааст, пули калон меситонад. Як шогирд дорад аз ҳамсояқишлоқ, бо номи Бахтиёр. Хонаҳои бачаҳои ба сини аскарӣ расида Бахтиёрро ин раиса роҳӣ карда аз ҳар як хона 5000 сомонӣ ҷамъ карда мегирад! Вақте ки Бахтиёрро мегӯем, эй мард як камтар инсоф кун. Бахтиёр ба занаш қасам мехурад, ки ин ставкаро раиса мондагӣ аст. Аз ин пул ба ман 1500 сомониаш мерасад, 3500сомониашро раиса мегирад! Лекин раиса ошкоро мегӯяд, ки «ман ҷавоб мегӯям, агар пул диҳӣ бачаатро ягон кас ғам намедиҳад». Аммо вақте бачаҳои мардумро аз военкомат омада қапида ба хизмат бурданд соҳибони фарзандони ба хизмат бурдагӣ ба назди Барно Раҳимова омада гуфтанд, ки ту ҷавоб мегуям гуфтӣ канӣ фарзандони мо? Раиса дар ҷавоб шаттоҳӣ карда мегуяд, ки «илтимос дар ягонҷо номи манро нагиред,ки ба ман пул додаед. Ман любой путём бачаҳоятонро мебиёрам». Лекин то ҳол аз одамоне, ки пул гирифтагӣ аст 4 нафар хизмат доранд! На фарзандҳояшонро баргардонду на 5000 сомоние, ки ҷамъ карда гирифта буд.

Дар ҷамоати Боғистон мардум аз дасти ин зани шаттоҳи дурӯғгӯи буз ба дод омадаанд. Лекин ин ҳаромхур хуни модарию хуни занӣ дар вуҷудаш намондааст. Бародар Мухаммадиқбол агар бовар мекунӣ ё не Худо худаш дида истодааст, аз пеш, аз таги рӯи раиса Барно Раҳимова нигоҳ кунӣ, ку мӯи танаат мехезад. Хаёл мекунӣ, ки дар рӯи ягон мурда нигоҳ дорӣ. Аз ҳақи мардумхуриву ҳаромхурӣ дар рӯяш нур намондааст!

Бародар ин номаи маро дар барномаи «Номаҳо……» ҷо кунед, бигузор ба гӯши Раҳмонов расад ва бидонад, ки коргароне, ки дар сари ин миллат роҳбар гуфта масъул мемонад, ба чихел ҷиноятҳо даст мезананду чи гуна хуни мардумро мемаканд! Ва дар охир ба ин раиса Барно Раҳимова гуфтанӣ ҳастам, ки хуни мардумро камтар мак, ки ин маротиба фоҳишагиҳоятро хам фош мекунам! Бо киҳо алоқаи маҳрамона ва робитаҳои ғайриахлоқӣ дар ҷамоат дорӣ!

Ваҳдат

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз шаҳри Ваҳдат менависам.

Кӯтоҳи гап, қисса аз ин қарор аст. Олими Зайд, раиси деҳаи Кофарниҳон дар шаҳри Ваҳдат.
Ба тағоандараш ҳоҷӣ Бурҳон Қурбонов касе, ки тағо гуфта мегардад ин раиси Олим замини қабристонро фурухтааст. Замини 3метр ба 30 метр дарозӣ гирифтааст. Чанд сол пеш Ҳоҷӣ Бурҳон дарахт мешинонад, аммо мардум дарахтҳоро мекананду мепартояд. Ҳоҷӣ ба мардум мегӯяд, ки ин дарахтҳоро ҳамту шинондам, аммо пинҳон мекунад, ки заминро харидааст, ки мардум аз болои Олим даъво накунанду вай боиси подвадит шудани Олим нашавад.

Чанд рӯз пеш, яъне 2.04.2026 як нафар зиёрати қабристон меравад. Манзараи тамоман дигарро мебинад. Як ваҷаб мондагӣ то қабри наздиконаш. Фундамент рехтагӣ ва 3 ряд сементблок задагӣ. Қабристонро съёмка мекунаду дар группаи ватсапи деҳа мепартояд.

Имрӯз аз саҳар разбори ҳамин масъала буд. Раис бо эшони Ҳоҷӣ разбори мардуми деҳаро дар группа гуш мекунанд. Вале чизе наменависанд, гап намезананд.

Имруз дар намози аср дар масҷиди маҳалаи Кофарниҳон разбори калон буд. Мардум мегӯянд,ки «эшони Ҳоҷӣ бкана заборша қабристони мардума бта».
Боз аз тарафи ферма замини пушти фермаро гирифтааст. 3 метр бар ва 30 метр примерно дарозии замини ферма.
Ба нақли ҳамсуҳбати мо худи фермаро ҳам ба чанд шиносаш раиси маҳалла фурӯхтааст. Аз ин пештар замини бари масҷидро фурӯхта буд, бо ин ваъдае, ки масҷидро документ мекунем ба ин пул. Аз ин пештар бошад майдончаи футболбозии мактаби деҳаро ҳам фурӯхта буд. Ҳатто заминҳо лаби дарёро то даруни дарё ин раис фурӯхтааст.
Мардум даъво ва талаб барои гирдиҳамоӣ доранд, то забори сохтаи ҳоҷӣ Бурҳонро чапа кунанд.
Ҳодисаҳои дигар ҳам шуда буд, ки шоҳиди ин ҳодисаҳо ҳоҷӣ Вайсиддин мебошад. Муллои маҳалла бисёр одами хуб буд. Солҳои 2018 вақте барои фарзандонаш замини хонаашро тарака мекунад, як бачааш бераҳ мемонад, чунки туғрӣ намегирад бо бачаи дигариаш. Баъд мулло аз қабристон замин мехарад, ба ивази онки солҳои 2010-2013 ба мактаб компютер харида будааст. Вай одамҳоро даъват кардааст, ки барои чи фурӯхтаанд замини қабристони куҳнаро
Мирзошарифу Айниддин шоҳиди ҳамон переговори онвақта будаанд, ки гуфтем соли 2018 шуда буд. Он вақтҳо ин мулло бо раиси пешинаи ҷамоат бисёр кумак ва корҳои хуб барои маҳалла карда будаанд. Ва он вақт гуё гуфт бошанд, ки ҳамин замини қабристонро ба мулло бидиҳемаш, то барои маҳалла роҳ созад. Аммо ба ҷои барои маҳалла роҳ сохтан рост даруни хонаи бачааш роҳро сохтааст.

Гуё ин мулло компютер барои мактабу ҷамоат туҳфа кардааст. Раиси ҷамоат раиси кумитаи замин дигару дигарҳо дар онҷо гуфтанд, ки ҳаминхел гапу хабар аст, мо бояд муллоро кумак кунем.
Ин ҳамон ҳоҷӣ Вайсидин аст ки дар Фут -ситии Москва машҳур аст ва ташкилкунанда дар корҳои сохтмонии Кофарниҳон аст ки аз мардум маҷбурӣ пули хайрия мегирад, именно аз муҳоҷирҳо ва касоне, ки дар муҳоҷират қарор доранд.

Тошканд

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқбол! Ман аз шаҳри Тошканд узви Маркази миллии фарҳанги тоҷикони Ӯзбакистон ҳастам. Худованд шуморо дар ҳифзу ҳимояти худ нигаҳ дорад. Ман ҳамчун тоҷикзабон барномаҳои шуморо бо   диққат тамошо мекунам ва бисёр дар тааҷҷуб ҳастам, ки чаро одамон ин қадар хушомадгӯй бошанд: вай-вая вай кардаст ….
Ба наздики ба Душанбе, ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар карда будам. Бовар кунед дар сарҳад аз Ӯзбекистон то сарҳади Тоҷикистон дар муддати 15 дақиқа гузаштем ва ба сарҳади Тоҷикистон расидем. Дар гузаргоҳ ё дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистон маро ҳамин қадаре азобе доданд, ки хостам аз ҳамон гузаргоҳ  пас баргардам. Якуним соат вақтро гирифтанд, бе ягончи, беягон сабаб. Дар охир гуфтанд, ки «ячи нимчи  бте бра». Ман фикр мекардам, ки инҷо ҳам ранги Ӯзбекистон ва дар ҳама ҷо камераҳо дар назорат аст. Аммо онҳо ранги гадоён будаанд. Гуфтанд, ки ё 150 сомонӣ госстрах мекунӣ ё инки нақд 100 сомонӣ
ба ходимони гумрук медиҳӣ.

Ман, ки барои дидани бародари ҳамхизматам раҳсипор будам, маҷбур шудам. Онҳо аз ман сад ҳазор сӯм пули ӯзбекӣ гирифтанд ва баъд иҷозати гузаштан доданд.

Рафта бародарро дида пагоҳӣ баргаштем. Боз дар сарҳади Тоҷикистон якуним соат бе ягон асос моро маътал карданд.

Худованд инсофашон  диҳад, муомилаашон нохуш аст. Худро кӣ ва чӣ меҳисобанд нафаҳмидам. Барои ҳамин ончи шумо дар барномаҳоятон мегӯед ҳамааш 100 фоиз ҳақ аст. Худованд шуморо нигаҳбон бошад. Дуъои мусофиру муҳоҷир мустаҷоб мешавад.

Екатеринбург

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Аллоҳ барои ин ҳама заҳматҳое, ки мекашед, барои ғамхорӣ кардан дар ҳақи мардуми тоҷик, аз шумо розӣ бошад.

Ман дар нисбати онҳое, ки ба қадри заҳматҳоятон намерасанд ва нисбати Шумо ҳар гуна суханҳои пасту баланде, ки ба шаъни Шумо нест, нафрат дорам. Инҳо туҳмати ошкоро аст ва худашон ҳам медонанд. Аллоҳ ба аъмоли ҳамаи мо шоҳид аст.

Дар як навиштаи Ислоҳ дар бораи Гулия дар Екатеринбург гуфта буд. Гулияе, ки садҳо нафарро фиреб дода пулҳояшонро бо ваъдаҳои бардурӯғ гирифта буд.

Дар ҳақиқат ҳоло Гулия дастгир шуда ва нисбати вай тафтишоташ давом дорад.
Муфаттишони Русия муайян кардаанд, ки Гулияро зиёда аз 200 миллион рубл аз мардумро ин гирифтааст. Вале 80 дар 100- мардуми ҷабрдида ҳоло ариза кардагӣ нестанд. Чунки бисёрии онҳо ҳуҷҷат надоранд, то ки барои пулҳояшон муроҷиат кунанд. Ман вақте мегӯям, ки Гулия 200 миллион рубли мардумро фиреб карда гирифтааст, ин бофта нест, ин асос дорад.
Гулияро ҳоло ба Тоҷикистон равон накардаанд, дар боздошт, дар СИЗОи Екатеринбург ва парвандаашро муфаттишон дида истодаанд. Гуфтанд, ки тафтишот то авалҳои моҳи май давом мекунад. Ва Гулия дар ин муддат бо қарори суд бояд дар боздоштоги Екатеринбург бимонад. Феълан ду кӯдакаш дар тарбияи шавҳари сеюмаш аст. Аммо муфаттишони Русия кӯшиш доранд, ки ба хона ё модараш диҳанд ё ки ба детдом ба тарбияи давлат супоранд.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Як сокини солманди шаҳри Душанбе ҳастам. Синнам аз 70 болост. Барномаҳои шуморо тамошо мекунам, сайтатонро мехонам. Рости гап ба ҷуз аз навиштаҳои сайти шумо дигар чизи мехондгӣ ҳам намондааст.

Ман дар бораи як масъала навиштан мехоҳам. Ман тайи 34 соли раёсати Эмомалӣ Раҳмонов ягон ному насаб пайдо накардам, ки бигӯем ана ин ифтихори мо дар замони истиқлолият аст.

Масалан на Лоиқ, на Бозор на Мӯмин Қноат на Гулрухсоре дигар пайдо нашуд.

Масалан на Осимӣ, на Исҳоқӣ, на Саъдиниссо Ҳакимова, на Соҳиб Табарови дигар пайдо нашуд.

Имрӯза президенти Академияи илмҳо як нафаре, аст ки ҳатто занаш шояд дуруст нашиносадаш, боз ӯро «диссернет» дасти дуздишро рӯ кард.

Абдуҷаббор Раҳмонови кавлук қучқори кабуд-академик. Шармандагӣ беш аз ин намешавад.

На Зафар Нозиме дорем, на Ҷурабек Муродов, на Одина Ҳошим

Хуллас, ҷои ин гуна шахсиятҳои машҳуру маъруфи тоҷик, ки на фақат дар ватан дар тамоми дунё мешинохтанд, номҳои машҳуру маъруфи имрӯза иборатанд аз Рустами  наркоман Муроди телех, Ҳасани ишкамба, Тахминаи Клеопатра, Озодаи чемпионка, Исмоили пингвин (дастбахайрам мегӯянд, чопико), Муҳибуллои номард бошаму зинда бошам, Шамсуллои Фароз Ҷамолиддини 4% Азизмои газетхонак, ки ҳамагӣ ба оилаи Раҳмонов тааллуқ доранд ва ҳар кадоме як дузду ҷинояткори гузароанд.

Бо ин вазъу ҳол Раҳмонов боз аз шукуфоии ватан ва ободии ватан гап мезанад.

Э, шармат бод Раҳмонов бо ин давлату давлатдорӣ!

Ғафуров

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз Ғафуров менависем. Мо ба чандин ҷойҳо шикоят кардем. Чанд рӯзи пеш радиои Озодӣ дар бораи мушкилоти мо як мақолаи хуб чоп кард. Онҷо мо бо ному насаб баромад намудем. Нусратулло Салимзодаи данғарагӣ ду сол дар шаҳри мо раис буд. Вай моро ба як вазъияти печида ва мушкил боқӣ гузошт. Гап дар бораи он меравад, ки моро маҷбур карда истодаанд, ки хонаву дар ва заминҳоямонро тарк карда ба дигарҷо бикӯчем. Чунки маҳалла ва кӯчи моро ба як домсоз барои сохтмони дом Салимзода фурӯхтааст. Ин домсоз гуфтааст, ки барои Нусратулло Салимзода 200 ҳазор доллар барои иҷозати дом дар маҳаллаи мо ришва додааст ва санади сохтмои домро гирифтааст. Боз гуфтааст,ки «агар лозим шавад суду прокурору раиси нави Ғафуровро ҳам пул дода мехрам». Хуб шояд пул дода ҳамаро харад шаку шубҳа надорем. Аммо ин Нусратулло Салимзода як бегонаи омда буд. Ду сол истод, ҳамаро ҳарому палиду бадтар кард. Вай инҷо фақат барои пул омада буд. Чаро бояд аз Данғара ба Ғафуров раис шуда ояд? Ҳозир мо ранҷи имзову қарори ӯро кашид истодаем. Чуноне аз Ислоҳ бохабар шудем ин Салимзода ҳоло дар ноҳияи Рӯдакӣ корро бадтар карда истодааст. Мо дар ҳайрат ҳастем, ки чаро ин ҳукумати касиф даҳҳо ҳазор гектар замини кишоварзӣ ва ҳосилдеҳро фурӯхта истодааст? Дар оянда барои ҳатто обчакорӣ замин намеёбем. Ҳоло садҳо маҳаллу деҳоте дар саросари қаламрави кишвар пайдо шудааст, ки тамоман ғайриқонунӣ ва санаде надоранд. Инҳо дар маҳалли фермаи мурғ, фермаи гов, гаражҳо ва ғайраҳо сохта шудаанд ва садҳо гектарро фаро мегирнд. Аммо санад нест. Дар заминҳои воҳидҳои кишоварзӣ, дар доманаи куҳҳо, дар шафати ҳамвории рӯду каналҳо. Ин ҳама барои ояндаи худи ин мардум хатари ҷиддӣ дорад.

Бародар Муҳаммадиқбол, аз инҷое, ки моро мехезонанд қариб 200 оила зиндагии худро пеш мебурд. Аммо Нусратулло Салимзода раиси собиқи ноҳияи мо соли гузашта ҳамаи ин қитъаҳоро ба номи як нафар Камол Рӯзиев гузарондааст ва ин нафар дар ҷои хона ва заминҳои мо дом месохтааст. Магар дар дигар ҷои шаҳри Ғафуров ҷой барои сохтмони дом вуҷуд надошт?

P.S

Дар воқеъ «Ислоҳ» дар бораи Нусратулло Салимзода зиёд навиштааст. Ҳоло ҳам як матлаберо аз як корбари сомонаи «Ислоҳ» инҷо меоварем:. «Баъди навиштаҳои «Ислоҳ» ва барномаҳои ифшокунандаи он дар бораи Салимзода Нусратулло, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Салимзода фақат кушиш мекунад, ки худро бо мардум нишон диҳад ва гӯяд, ки кор карда истодааст. Домсозҳое, ки дар вақти раиси пешина Абдуғаффор Ҳикматуллозода қарори сохтумони биноҳои баландошёнаро гирифта буданд, акнун ҳоло аз дасти Салимзода Нусратулло хун гириста истодаанд.

Салимзода фармон додааст, ки «ҳамаша стоп монену пеши ма фарёдшон кнен». Домсозҳо чандтоаш гуфтанд, ки Мунираи ҳаромхури котибаи Салимзода як ставкаҳое аз номи Раис мемонад, ки «ай уда насозем хубтар». Салимзода гуфтаст: «аку хела мара сиёҳ кардан, ҳичӣ ай дастшон наомад, барои ҳами биёрен ҳақи мара бтену брен ором бсозен».

Он домҳое, ки бачаи харомии Салимзода дар Душанбе дар тарафи  Зарнисор сохтааст, ҳамааш аварийный ҳастанд. Пештар дар ҷои он домҳо тарабхонае бо номи ТОҶ амал мекард, ки онро Салимзод дар вақти вазири тандурустӣ буданаш сохта буд. Салимзода тарабхонаи ТОҶ-ро аз суми бюҷети давлат, ки барои таъмири беморхонаҳо ба вазорати тандурустӣ ҷудо шуда буд,сохта буд».

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №350 появились сначала на ISLOH.net.

Семейка news №23
Моҳномаи бистусеюми  «Семейка» аст, ки ин бор низ бо Ахбори ҷолибу рангин, ки фақат дар сафаҳоти марбут ба мо мунташир мешавад ва низ матлабе дар бораи Дилшод Ҷӯразода, раиси Бизнесинкубатори Тоҷикистон, раиси «гурӯҳи 55» ва аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ таҳия шудааст. Дуруст, ки дар бораи Дилшод қаблан ҳам дар шумораҳои пешини  маҷаллаи Семейка навишта будем.

Ба ин далел, ки дар бораи вай чандин маълумоти тару тоза ба дасти мо расид, лозим донистем дигарбора ӯро ба ҳайси  «қаҳрамон»-и имрӯза интихоб намоем.

Зиёд шуморо мунтазир намекунем ва шурӯъ мекунем аз ахбор ва реза ахбори маҷаллаи нави «Семейканюс-23»

Ахбори Семейка

Мактаби №15и Душанбе

Ин нақл аз як нафаре, ки бо Исмати дулик дар СИЗО нишаста буд ба дасти мо расид. Аэропорт ВИПзал –толори истиқбол ва бадрақаи сатҳи олӣ дорад. Табиист, ки мудири фурудгоҳ ҳамеша информатсияи мувассақ дорад, ки Президент кай берун меравад ва кай бармегардад. Ва ҳамин тавр аз сафарҳои аъзои оилаи президент ва меҳмонҳои баландпоя, роҳбарони давлатҳо, ҳайату комиссияҳои давлатӣ, ки аз хориҷа меоянду ба хориҷа мераванд, роҳбарони давлатҳоро пешвоз мегиранд, кӣ пешвоз меравад огоҳ мешавад. Духтарони 15 -16 сола, синфҳои 9,10-и мактаби рақами 15 Душанбе барои истиқболи меҳмонони баландпояи ҳукумат ба фурудгоҳ ва майдонҳои аз қабл омодашуда ҷалб карда мшаванд. Директори ин мактаб солҳои пеш зани Давлаталӣ Давлатзода, муовини раиси ҲХДТ-муовини Эмомалӣ Раҳмонов буд. Ин духтарҳо  дар ҷараёни машқу тамрин қариб ҳамааш аз тарафи охраннаи Президент таҷовуз ё мавриди истисмори ҷинсӣ қарор мегиранд. Ба гуфтаи Исмати дулик дар онҷо боз ду синфро синфи протоколӣ мегуфтаанд. Дар ин ду синфи протоколӣ аз тамоми мактабҳои Душанбе духтарони хушруро ҷамъ мекунанд ва вақти пешвоз аз онҳо стифода мебаранд. Ҳоло аз он духтарҳои истифодаи ҷинсӣ шуда дар любой фоҳишахонаҳои Дубай, Туркия ва Русия ҳастанд.  На камтар аз 10 телехи президент аз байни онҳо зан гирифтаанд. Дар чанд соли гузашта аз ин духтарони пешвозгиранда се нафараш мурд. Охирон духтари фавтида Шавкат Мирамонвичро пешвоз гирифта буд, ки ин соли  2017 ё 2018 буд. Бинобар ин маълумот Юсуф Раҳмон, котиби Шӯрои амният дар вақти Прокурори генералӣ буданаш аз ин мактаб чанд арус ҳам доштааст.

Талаби Тахмина аз падараш

Тахминаи Клеопатра аз падараш талаб кардаст, ки СС. Ятимовро аз кор гирад. Тахмина, ҳанӯз аз солҳои пеш СС.Ятимовро шум медид. Ба он ҷиҳат, ки СС.Ятимов  бо «слежка» амнияти духтарҳои Ҷанобро «таъмин» мекард ва гоҳо баъзе аз гапу гапчаҳо, ки берун мешуд, Тахмина онро аз СС. Ятимов медонист…

Тахмина ба Раҳмонов гуфтааст, ки бисёр ҳам шубҳаовар аст, ки ягон источникро натавонист ёбад. Агар меёфт дар бораи оилаи мо ин қадар гап намебаромад. Гуфтааст: «ба фикри ма ҳамӣ паати муғул хдш через одамош роӣ мекна гапора ба Муҳммадиқбола».

Раҳмонов дар ҷавоб гуфтааст: «бачам камтари дига бестен, ҳамаша даф мекнум».

Арабзода Нуралӣ Сайвалӣ қудои нав ё навбатии Озода

Муовини вазири нақлиёт Арабзода Нуралӣ Сайвалӣ аз Данғара аст. Лоиҳаи навсозӣ ва тармими роҳҳои кишвар, мумфаршсозӣ ҳама дар дасти ӯст. Аз бист миллион доллар  5 миллион доллар откат мегирад. 25 фоиз ҳақаш аст. Корро медиҳад, вале тавассути дигар фирмаҳо аввал доляашро обналичка карда мегирад. Баъд як қисми суми корро медиҳад. Аммо баъд суматро пурра намедиҳад. Ана баъд бозор сар мешавад. Боз ҳатман «ҳақ» медиҳӣ, то инки пули корро бигирӣ. Арабзода дар солҳои пеш дар вазифаҳои директори Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои тоҷик», директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо  кор кардааст. Рехтани хоки партов дар рудхонаи кони тиллоро ҳамин Арабзода сар карда буд. Дар як сол миллионер шуда рафт, дигар муҳити зисту экология ба ӯ чӣ? Арабзода соли 1975 таваллуд шудааст. 50 сола. Қарор аст бо Озодаи Раҳмон қудо шавад.  Духтари  Озодаро келин мекунад.

Муҳиб ва барканории Аваз Назарзода аз Прокуратураи Хатлон

Сарусадоҳо дар бораи аз вазифаи Прокурори вилояти Хатлон барканор шудани Аваз Назарзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ то дер вақт идома дошт. Аксарияти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар ин масъала андешаҳои худро иброз доштаанд, бахусус онҳое, ки ҷаноби Назарзодаро мешинохтаанд, аз вай ба унвони як корманди ҳирфаӣ ва боинсоф ном бурдаанд. Дар бораи ҳирфаӣ, мутахассиси арсаи ҳуқуқ будани ӯ чизе намегӯем, аммо дар бораи боинсофии ӯ  мешавад гумон зад, ки шояд дар қиёс ба дигар кормандони Прокуратура нафси бад надошт.

Вале иллати барканории ӯ тамоман чизи дигар будааст.

Бачаи Муҳиби номард бошаму зинда бошам, дар прокуратураи вилояти Хатлон кор мекардааст. Писари Муҳиб касеро дар ҷойи кораш писанд намекардааст, ҳатто  чанд навбат дар ҷаласаҳо нисбати роҳбарият ошкоро беэҳтиромӣ мекунад ва супоришҳоро ҳам агар ки худаш хост иҷро мекардааст. Аз ҷониби корафтодаҳо ҳам аз болои вай шикоят бисёр мерасад.

Дар як ҷаласа Аваз Назарзода мехезонаду «бар  падарт лаънат, дузд, ҳаромхур» гуфта ӯро сахт танбеҳ медиҳад. Аммо посухи писари Муҳиб дер давом намекунад. Аваз Назарзодаро  барои «кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад» ва низ барои «риоя накардани санадҳои меъёрии соҳавӣ», аз кор меронанд.

Ин ба он маъно аст ки на фақат Раҳмонову оилааш, балки наздиконаш ҳам ана ҳамин гуна нуфузу ҷойгоҳ доранд ва пишаки онҳоро пишт гуфтан номумкин аст.

Қиссаи «Бошукуҳ» дар бузкашии Ҳисор

Дар шабакаи Ютуб навори бузкашии Ҳисор, ки бахшида ба рӯзи 6 ноябр, Конститусияи Тоҷикистон баргузор гардид, дар ҳоли тоб хӯрдан аст. Аммо дар ин навор ончиро ки инҷо менависем шумо намебинед. Гап дар бораи зарбу латти як човандоз меравад. Ин човандоз вақте савораи аспи Бошукуҳ бузро гирифта самти марра меравад, бузро чанг мезанад ва канда мегирад ва меғалтонад. Шоҳбача-Рустам ҳам дар ин маъракаи бузкашӣ ҳузур дошт. Вақте ин ҳолатро мебинад, ки буз аз дасти човандози Бошукӯҳ гирифта мешавад, хеле ҳам оташин ва дар ғазаб мешавад. Охраннаи вай он човандозро мебаранд сахт латту кӯб мекунанд. Ин човандоз як бало карда худро наҷот дода аз майдон мегурезад. Бузро аз нав мегиранду ба дасти човандози Бошукӯҳ медиҳанд ва вай бурда ба марра мерасонад. Бояд ҳама бидонд, ки Бошукӯҳ аспи №1-и ҷумҳурӣ аст.

Амриддин (Амриддин Нахшов, раиси кони тиллои Шугнов, писархолаи Рустам)дар маъракаи буз регуровшик аст, то човандози дигаре онро напартояд. Фақт аспи худаш ва Рустам бояд партояд.

Бошукӯҳ аспи Рустами Эмомалӣ аст.

Телехи Раҳмонов: «Зани Ҷанобта….

Чанд соли пеш Эмомалӣ Раҳмонов ба Ваҳдат меояд. Барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани домҳои сохтаи раиси ширкати «Ёқут» Ҳалими сиёҳ. Ин бародар нақл намуд, ки

ба онҷо рафтам. Мехостам Ҷанобро бинам. Одам хело зиёд буд. Ҳамаи мардумро гузаштам ва то ба наздикии телехҳояш расидам.  Муҳофизаш пурсид,ки чӣ мегӯӣ? Гуфтам: «бе  ма Ҷаноба бинм». Муҳофизаш гуфт: «даф шаф, зани Ҷанобта б@ом, ма 3 рӯз шид хов нарафтум шабу рӯз ҳамира қаравулӣ дорм, ай рангу руш безор ть мегӣ бе ма Ҷаноба бинм»

Муроди телех ва Аҳмади калбаса

Табиати инсонҳо ҳамин хел аст. Ҳар қадар диҳӣ кам ва ҳар қадар созӣ насохтӣ мегӯянд.

Ҳар аз гоҳе, ки Муроди телех (генерал Мурод Саидов) ба офиси Аҳмади колбаса, ки дар қафои фабрикаи «Ширин» ҷойгир аст, меравад, соатҳо мешинанду ғайбату норозигиҳо мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмонов сахт курнамак аст. Аҳмади колбаса боз прикол мекунаду мегуяд: «Ҷаноби Олӣ кисаҳои мардума кади холӣ». Вале гапаш рост аст. Аҳмади колбаса ба Муроди телех фақат мегуяд, ки «Мурод хай т аз барои Худо ростша гап за, ҳами вақте, ки ҳами Эмомалӣ Президент шид, ҳиҷ ка бовар надош, ки ҳами ҳамара қир мекна, барои хдша шароит таёр мекна. Э, бача Мурод, онаша овбара ҳиҷ ка намонд, ай ҳар ду тараф ҳамара қир кад. Ҳар ду тараф и Фронти халқӣ ва оппозитсия… Камандирора иша ба иш ҷанг дохту кушт. Одамои бесавода нимша да вақти ҷанг куштаку ними дигаша бади ҷанг дору қати убрат кад. Ҳами ма ба гушои хдм ай даҳани шофири раҳмати Ҳумуддин Шарипов, вазири МВД фаҳмидм, ки вақте ки Раҳмон Гитлера задан, пеш ай хдша парондан номи чанд наздики Президента қати Президент гирифту гуфт, ки номард бдиян. Пеш ай Раҳмон Гитлера задан, чанд рӯз пеш, ҳами Ҳасани Ориёнбонк қати Саидамир Зуҳуров мераван пешш меган, ки «Раҳмон соф парво накн, Президент катит во мехра гапота мезанӣ қатиш. Ина Саидамир Зуҳурова я заҳре додан, ки ба ҷогаҳу ҷома хов. Ҳумудин Шариповам ба дору куштан.»

Шофири Ҳумдин Шарипов , ки Маҳмадӣ ном дошт, нақл кард, ки Вазира мазаш мегрехт, мегуфт:  «ҳамиё мара чи коре кадагиян».

Аҳмади колбаса идома дода мегуяд: «Хай аку кадом я қиссаша ма тра Муродҷон бугум, ту хдут ай мода хуб медони. Оли ниго кун, трам додагиян ягон чи. И Эмомалида ягонта шоҳид даркор нест».

Ба гуфтаи Алишери сармуҳосиби Аҳмади колбаса, ки «Шеф одамои калона фарёд мекна,ташкили мекна, пиён мекна ба гапошона запис мекна». Шеф гуфта Аҳмади колбасара дар назар дорад Алишери ургутӣ.

Дилшод Ҷӯразода дар чанд эпизод

Аз «бизнес-империя» то оффшорҳо ва паникаи дохилӣ

Ва ҳоло меоем ба қисмати «қаҳрамон»-и Семейка. Қаҳрамони ин шумора чуноне гуфтем. Дилшод Ҷӯразода аст.

Таййи рӯзҳои ахир дар бораи Дилшод ба дасти мо чанд номае расид,ки инҷо онҳоро бо навбат пешниҳод менамоем:

Дилшод Ҷӯразода: Аз «мансабдор»-и наздик то соҳибкори оффшорӣ

Ҷузъиёти амвол, шабакаи пинҳонӣ ва лоиҳаҳои 8–40 миллион долларӣ дар Тошканд

Мо дар Ютуб барномаҳои шуморо дидаем. Ташаккури зиёд ба шумо барои он ки чунин мавзӯъҳои ҳаётан муҳиме, мисли фасод ва беқонунӣ, ки аз ҷониби мансабдорон ва соҳибкорони наздик ба ҳукумат дар Тоҷикистон содир мешаванд, равшан менамоед.

Мардумони Тоҷикистон бояд ҳақиқат ва шахсони фасодкорро бидонанд.

Дар ихтиёри мо 100%маълумоти дақиқ дар бораи Ҷӯразода Дилшод ва бародараш Ҷӯразода Даврон, инчунин шахси бовариноки онҳо дар Ӯзбекистон Кабир Рустам мавҷуд аст.

Ба шумо хабар медиҳем, ки Дилшод Ҷӯразода ва Даврон Ҷӯразода фаъолона маблағҳоро аз Тоҷикистон хориҷ карда, онҳоро дар Ӯзбекистон сармоягузорӣ мекунанд. Онҳо дар Ӯзбекистон ширкате бо номи Fifty Five Group Uzbekistan таъсис додаанд.

Ин ширкат дар маркази шаҳри Тошканд,оттели “Monday” (Понедельник, ки бо шаҳри Душанбе ассоциатсия дорад) биноест шашошёна бо 40 ҳуҷра, бо арзиши 8 миллион доллар харидааст.

Ҳамчунин Дилшод Ҷӯразода ва бародараш Даврон Ҷӯразода дар маркази Тошканд, дар маҳалли Tashkent City, Бизнес Маркази «Monday»-ро ба даст овардаанд. Арзиши ин бизнес-марказ 40 миллион доллар буда, бино аз 7 ошёна иборат аст. Масоҳаташ 12 000 метри мураббаъ буда, дар дохилаш ду тарабхона ҷой дорад. Ин тарабхонаҳо бо номҳои GOSHT ва ART Bazar машҳуранд.

Бо ҳамаи ин лоиҳаҳо меҳмонхона, бизнес-марказ ва тарабхонаҳо шахси бовариноки Дилшод Ҷӯразода бо номи Кабир Рустам идора мекунад.

Кабир Рустам дӯсти наздик ва ҳамсинфи Дилшод Ҷӯразода мебошад.

Кабир Рустам аз лиҳози миллӣ афғони этникӣ буда, ҳамзамон намояндаи расмии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар Ӯзбекистон мебошад.

Кабир Рустам, ки намояндаи Дилшод Ҷӯразода ва ширкати «Fifty Five Group Uzbekistan»- аст, парвозҳои чартериро аз Тошканд ба Малайзия (масири Тошканд – Куала-Лумпур – Тошканд) тавассути ширкати ҳавопаймоии малайзии «Batik Air» роҳандозӣ намудааст.

Мардумоне, ки дар ин масъала огоҳанд, дар суҳбати махфӣ гуфтаанд, ки Кабир Рустам транзити «шакар»-ро (махфӣ – эҳтимол ишора ба маводи манъшуда) аз Тоҷикистон тавассути Тошканд ба Малайзия ба роҳ мондааст.

Ҳамаи супоришҳои ҷиноии Дилшод Ҷӯразода дар қаламрави Ӯзбекистон аз ҷониби Кабир Рустам иҷро мешаванд, аз ҷумла шустушӯи маблағҳо тавассути криптовалютҳо.

Мардумони Тоҷикистон бояд ҳақиқатро бидонанд. Мо умед дорем, ки шумо ин маводҳоро дар филмҳои ҳуҷҷатии худ дар Ютуб нашр мекунед.

Суратҳои меҳмонхона, бизнес-марказ, тарабхонаҳо, инчунин аксҳои ҳамаи иштирокдорони ин нақшаҳои фиребгарона ба шумо мефиристем.

Даврон Ҷӯразода ва «55 Групп»: Паника пас аз фошкориҳо

Гуфтугузорҳои дохилӣ, пулҳои пинҳонӣ ва тарси «расидани гап ба Ислоҳ»

Даврон Ҷӯразода, бародари Дилшод, баъди сару садоҳо дар барномаҳои «Ислоҳ»  дар фикр мондааст, ки чи кор кунанд, ки фикру хаёли Рустам аз гапҳои «Ислоҳ» ба дигар чизҳо банд шавад. Даврон ба Равшан Қурбонов гуфтааст (Равшан аз Хуҷанд буда яке аз нафарони бовариноки Дилшод Ҷӯразода аст), ки барои чи именно ҳозир ҳамин гапу корҳо баромада истодаанд? Ҳамин сол мо бояд бо Дилшод корҳои калон мекардем, сумҳои калонро мебаровардем. Ин кӣ бошад, ки гапҳоро мерасонад ба Ислоҳ.
Бинобар маълумотҳое, ки аз худи «55 групп» ба «Ислоҳ» расид, Дилшод фармон додааст, ки капитал- маблағҳо ва чизҳои гаронбаҳоро ҷамъоварӣ ва ҳисоб карда ба ӯ гуянд, ки чи миқдор аст.
Як чёрный бухгалтерияи Дилшод Ҷӯразода чанд миллион мебарояд. Налогро ҳам кам месупорад. Умуман дар ин қадар сол, хеле капитали калон ҷамъоварӣ кардаанд, Ҷураевҳо.Чи тавре, ки модари Ҷураевҳо мегуяд, агар диди сагро, дарав як бурда нон деҳ, устухонаш деҳ, ки нагазад. Ҳукумат ҳам чунин аст. Ҳамин, ки дидед Рустам аз шумо дилаш дур меравад, дарав даромада пешниҳоди ягон боғча ё чизи дигарро кунед, тамом, ҳушаш ба ҳамон мешавад.

Хушбахти бачаи аммаи Дилшод Ҷуразода гуфтааст, ки ҳамин Дилшод содда аст. О, як дунё маълумотҳо медонед дар барои Рустам, шумо ҳам равон кунед, ба ҳамон хоинҳо гӯянд.
Таҳти таъсири наворҳои видеоии «Ислоҳ.ТВ» дар бораи махинатсия ва афёраҳои Дилшод Ҷӯразода ва бародараш Даврон, Дилшод сахт парешону хавотир шудааст. Даврон гуфтаст: «Дилшод, братишка, умуман хавотир нашав. Тамоми направленияҳоеро, ки ба Рустам фоидаҳои калон меоранд, ҳамаашро мо ташкил кардем. Мисол Федератсияи Футбол. Маркетингашро кӣ мекунад? Мо мекунем. Ҷаҳонгир Шералиевич бо бачаҳо мекунад. Направленияи игровойро Хушбахт бо дигарҳо мекунанд. Умуман ин Рустик (Рустамро дар назар дорад) соображения надорад. Вақте ки Бизнесинкубаторро кушодем Некруй чизат гуфт? Гуфт, ки «канен аз ин авлод». Ин гапҳоро додоямон гуфта буд. Ҳозир ана ман ТАЧММА ташкил кардам. Ҳоло бин аз дастамон мегиранд. Ин Рустам он Рустами пештара нест. Хайрият модарамон через Мультикид якҷо фонди ба номи падарам- фонди Музаффар, сумҳоро бароварданд. Ҳозир як илоҷ кун аз ҳамон инвесторҳое, ки оварда истодаӣ, ягон шапкаи калони сум доля гир, меравем. Бас аст. Ҷаҳонгир Шералиевичро ҳам гу аз маркетинги Федерацияи футбол сумҳоро бардораду ҳуй хурад. Рафтан даркор, рафтан ё читарие худашон мегӯянд «ҳуй хурдан даркор».

Боз фаромӯш накун: «Мо гражданстваи чанд давлатро дорем, бе малол любой гап шавад ҳам ҳуй мехурем…»

Ҳуши маснӯъӣ ИИ ё роҳи нави пулшӯӣ?

Нақши Дилшод Ҷӯразода, Хуршед Мирзоев ва Азизҷон Азимӣ дар схемаи тозаи шурӣ муриҳо

Ҳозир дар забони Раҳмонов, искусственный интеллект-ҳуши маснӯъӣ, IT -технология зиёд садо медиҳад. Аммо маълум аст ки тамоман тасаввуроташро надорад. Дар асл бигирем ҳоло ин ба як усул ва ба як намуд сумсофкунӣ-пулшӯии нав, табдил шудааст. Ду нафар шахсиятҳоеро, дар ин самтҳо масъул мондаанд, ки тамоман ба ин арса мувофиқ нестанд. Хуршед Мирзоев ва Азизҷон Азимӣ.

Хуршед Мирзоев умуман дар самти вобастакардааш тасаввурот надорад, фақат аз рӯйи нақлу барномаҳо тасаввурот дорад. Азизҷон Азимӣ бошад, ҷавон аст, қобилияти пешбариро тамоман надорад. Дуруст, ки давр -даври ҷавонони донишманд аст, аммо ҷавонро бояд пире роҳнамоӣ кунаду лоақал донишу малакай ҳамон соҳае раис аст донад, то корро пеш бурда тавонад.

Ҳар вақте Раҳмоновро мегуянд IT ва ИИ Раҳмонов дарав худро серьёзный мегираду мегуӣ, ки хуб тасаввурот дорад, ки гап сари чӣ меравад. Бо тантана IT парк кушоданду воҳимаҳо аз рӯйи миллион. Одитарин барномаҳои технологиро наметавонанд сохтан ё таҳлил кардан, аммо дар коғаз аллакай миллионҳо списат.

Дилшод Ҷӯразода, ки дар Алик малики виртуалӣ устухон надорад, сумҳои калони Рустамро маҳз бо ҳамин роҳ бароварда истодааст ва дар счётҳои оффшори худ ҷо ба ҷо дорад. Нафаронеро, ки оиди ин соҳаҳо тасаввуротҳо доранд, дарав ба тарафи худ ҷалб дорад. Дилшод Ҷӯразода гуфтааст, ки Худо накунаду ягонтоаш системаи кардаи моро (аз сари ҳар операцияи пулӣ, фоизи худро гирифта ба оффшор мефиристодаро) муайян кунад. Мо набояд ин Рустамро дар ин соҳа внедрят кунем ва тасаввуроташро бедор созем. Дилшод аллакай Азизҷон Азимиро ба тарафи худ кашидаасту гушпарӣ кардааст, ки мо мардуми бофарҳанги Суғд бояд якҷо бошему ин кулобиҳоро истифода барем.

Ин гапҳоро Хушбахти хеши Дилшод гуфтааст. Хушбахт сағераи чақчақӣ, любой гапро нақл мекунад. Хушбахтро ба депутатӣ пешниҳод карда буданд, дигар напурсидемаш, ки гузаштӣ ё не?

Даврони бародари Дилшод Ҷӯразода кушиш дорад, ки Ҳасанро бо Хуршед Мирзоев ҷанг андозад. Даврон гуфтааст, ки инҳоро мутит кардан даркор, ки ҳуши ҳама ба инҳо шаваду гапу чапи болои мо шудагиро фаромӯш кунанд. Мақсад аз гапу чап мақолаҳо дар барномаҳои «Ислоҳ» аст.

Даврон Ҷӯразода гуфтааст: «на самом деле ман да ҳамин кулобиҳо кайф мекунам. Свет нест дар Тоҷикистон, инҳо бошан искусственный интеллекту IT парк мекунанд. Наход ягон кас набошад нагуяд, ки о,аввал проблемаи барқро ҳал кунед, баъд дигар корҳо мешавад. Ҳамин хел феъли безеб доранд, ки фақат сумҳои дигарҳоро ҳисоб мекунанд аз худашонро не».

Рост гуфта буд Некруй Забиров, ки инҳо миёни ҳамаи соҳибкорҳоро мешикананд.  Яъне Раҳмонов бо Оилааш.

Дилшод Ҷӯразода чанд зан гирифта ҷудо шудааст. Бо ҳозира занаш зиндагӣ дораду фарзанд дорад. Зани пештарааш гуфтаст, ки хуни мардумро бо қиморхонаҳояшон ин акаву додар хурданд. Манзураш Дилшоду Даврон Ҷӯразодаҳо Мардум хонаҳояшонро бой доданду, зану фарзандҳояшон дар куча монд. Дуъои онҳо ҳатмани ҳатман мегирад Дилшоду Давронро. Метарсам, ки фарзанди манро ҳам дуъои мардум нагирад, гуфтааст зани пештараи Дилшод Ҷӯразода.

Тамоми проектҳое, ки Дилшод Ҷӯразода мекунад ва рекламаҳои калон мекунад, ҳамааш як фейканд. Аммо онҳоро як бор ревизия ё санҷиши ҳалол намекунанд.

Аз пушти номи Рустам миллионҳоро бароварданд. Ҳоло Рустам Президент нашуда аллакай Дилшоду бародараш сумҳоро аз Тоҷикистон  ҷудоҷудо бароварда истодаанду Хуршеду акааш ҷудо, Шоҳрух ҷудову Зайнулло ҷудо. Язнаҳои Рустам бошанд секунд  қарор нестанд. Ин Рустам бо ин ҳама аждаҳоҳое, ки пайдо шуда истодаанд, пагоҳ чи кор мекарда бошад? Ягон нафар аз апаҳову язнаҳову ҷиянҳову дигару дигарҳо гушаш намекунанд.

Пасгуфтор – ҷамъбасти «Семейка news №23»

Ончи дар ин шумора гуфтем, қиссаи як–ду шахс нест. Аз мактаби №15-и Душанбе, ки духтарони ноболиғро ба сафҳои «протоколӣ» мебаранд; аз Тахминаи «Клеопатра», ки сардори  КДАМ-ро мисли хизматгор иваз карданӣ мешавад; аз Арабзодаву Муҳибу телехҳои қароргоҳи президент то генерал Мурод ва Аҳмади «колбаса» – ҳамааш як занҷир аст. Ин ҷо ҳар кас, ки ба «семейка» наздиктар аст, қонуни шахсии худро дорад, ва қонун барои мардум мемонад.

Қаҳрамони асосии ин шумора-Дилшод Ҷӯразода-танҳо як эпизоди равшан аз ҳамин система аст. Як тарафи расмиаш «рақами 1»-и IT ва «бизнес-инкубатор», тарафи дуюмаш – меҳмонхонаҳои 8–40 миллион долларӣ дар маркази Тошканд, оффшорҳо, криптовалюта, «шакар», Кабир Рустам ва «Fifty Five Group Uzbekistan». Ҳар қадар ки фосила аз Тоҷикистон зиёдтар шавад, ҳамон қадар ҳисоби пулҳо дар берун калонтар мешавад. Вале ҳамаи ин маблағҳо аз куҷо меоянд? Аз ҳамин мардум, аз ҳамин замин, аз ҳамин барқи лимитдор.

Дар дохил бошад, «паника» аз як чанд навори «Ислоҳ» кофист, ки Даврону Дилшод капиталро ҳисоб карда ба гурез фикр кунанд: кӣ бо ТАЧММА, кӣ бо Федератсияи футбол, кӣ бо IT-парк, кӣ бо фонди нав. Ҳама чиз бо номи Рустам анҷом мегирад, аммо ҳар кадоме ҷудо–ҷудо халтаро пур карда истодааст. Феъли умумӣ якто аст: ҳеҷ кас ба фардо ва ба ин миллат фикр надорад, ҳар кас фақат ҳисоби роҳҳои гурезу «гражданствоҳои захиравӣ»-ашро мекунад.

Ҳуши маснӯъӣ ва IT-парк дар забони Раҳмонов ба як шӯхии сиёҳ табдил шудааст: кишвар бе барқ, бе عدالت, бе саноат мондааст, вале миллионҳо доллар «барои технология» навиштаву тақсим карда мешаванд. Дилшод Ҷӯразода ва шариконаш ин оламро на ҳамчун воситаи пешрафти кишвар, балки ҳамчун механизми нави пулшӯӣ дидаанд. Дар коғаз «интеллект» менависанд, дар амал истиқлолияти молиявии як даста хешу таборро таъмин мекунанд.

Аз тарафи дигар, қиссаҳои мактаби №15, духтарони «протоколӣ», телехҳо, қудоҳои нав, латту кӯби човандоз дар бузкаши Ҳисор, дафъ кардани прокурори як вилоят танҳо ба хотири писари «Муҳиби номард бошаму зинда бошам» – ҳама як чизро нишон медиҳад: давлат ба ширкати оилавӣ табдил шудааст. Қудрат на барои ҳифзи мардум, балки барои пӯшондани ҷиноятҳои худи «семейка» кор мекунад.

«Семейка news №23» ҳеҷ муамморо то охир ҳал намекунад, аммо пардаҳоро каме канор мезанад, то хонанда рамзи асосиро бубинад: ҳеҷ як Дилшод, Даврон, Арабзода ё Мурод танҳо нестанд. Онҳо маҳсулоти мантиқии ҳамин низоманд. То вақте ки низом ҳамон аст, қаҳрамонҳои фасод ҳам иваз мешаванд, аммо спектакл боқӣ мемонад.

Мо ин шумораро бо як суоли одӣ мебандем: агар имрӯз ҳар кас, ки дар ин матлабҳо номаш омад, фардо равад, оё система иваз мешавад ё танҳо чеҳраҳо? Ҷавобаш дар дасти ҳамон мардумест, ки ҳоло то ҳол дар торикӣ, дар навбати нону об, дар навбати муҳоҷират ва дар навбати ҳақиқат истодаанд.

«Семейка» танҳо нақл мекунад. Он ки ин қиссаҳоро ба поён мерасонад, худи ин мардум аст.

Сообщение Семейка news №23 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №263
Шароити зиндонҳои Тоҷикистонро на як бору ду бор созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ва фаъолони ҷомеаи маданӣ интиқод кардаанд. Бадтарин зиндонҳо зиндонҳои Тоҷикистонанд.

Қаблан Раҳмонов ҳар се сол амнистия медод. Аммо дар ин авохир аз се сол ҳам гузашту надод.

Дар ин нома, ки қаҳрамони он як хоҳар аз Узбекистон,ки бо тими «Ислоҳ» дар назди зиндон сӯҳбат кардаасту дарди дил намудааст:  «ҳам аз набуди шароити хоб дар зиндонҳо ва ҳам аз норасоии обу ғизо, аз бегуноҳии зиндониён, аз порадиҳӣ ба зиндонбонҳо ва… интиқод мекунад». Бигзор тафсилоти онро худатон мутолиа карда огоҳ шавед:

Тошканд

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз расонаҳо хондам, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор маҳбус нигаҳдорӣ мешавад. Аммо ман ба ин омор он қадар бовар надорам. Ба назари ман шумораи зиндониҳо аз 15 ҳазор ҳам бештар аст.

Ин номаро як нафар аз Хуҷанд, ки бо «Ислоҳ» чанд сол аст, ки ҳамкорӣ менамояд, барояш вазифа гузоштем,ки вазъи зиндониҳоро аз беруни зиндон омӯзад ва ба мо муфассал нависад.

Дар муддати се ҳафта чандин маълумотҳоро бароямон ирсол намуданд. Инчунин бо як зане вохурданд,ки зан аз Узбекистон будааст вале шавҳарашро бе гуноҳ зиндонӣ кардаанд. Моҷароро аз сӯҳбат бо ин зан ба «Ислоҳ» навиштааст.

Сӯҳбат бо ҳамсари як зиндонӣ дар Хуҷанд:

Яке аз ин зиндониҳо шавҳари худи ман мебошад.

Баъди ҳодисаи Крокус –сити дар Маскав шароити буду боши тоҷикҳо дар Русия хело бад шуд ва шавҳарам ночор баргашту омад Узбекистон. Дар Узбекистон ягон кор мекунам гуфт ва барои ҳамин шиносномаи ӯро временний прописка мондем. Ҳамон рӯз, ки пропискаи муваққатӣ мондему ҷойи корро ҳам гапзанон карда будем, пагоҳаш милиса омаду шавҳарамро аз хонаамон бурд ва бечораро як моҳ бе ягон асос маҳкам карданд, ки ту чаро инҷо омадӣ, чаро Тоҷикистон нарафтӣ? Дар ин тӯли як моҳ на моро маълумот медоданд, на ҳиҷчи  мегуфтанд. Мегуфтанд, ки вай бисёр корҳо кардагӣ, аммо чи кор кардагӣ, чизе намегуфтанд. Баъди як моҳу як руз сар доданд, чун ҳеҷ коре накардааст ва бе далел ӯро нигоҳ доштанд. Аз инҷо баромаду Тоҷикистон рафт, ки онҷо ҳам вақти убури марз, дар сарҳад дастгир карданд, бо ин сабаб, ки лайк мондааст. Статяи 307 заданд. Боварам кунед ин лайк ҳам сохта аст. Ҳозир дар ин зиндони Хуҷанд аст, ки бо шумо дар наздаш сӯҳбат дорем. Як сол зиёд шуд, маҳкам аст.

Дар Хуҷанд дар зиндон вазъият беҳад безеб аст. Шароиташон безеб, ғизоҳояшон безеб. Одам пур шудагӣ дар зиндон. Дар ҷои 30 кас 300 нафарро ҷо кардаанд.

307-ҳо беҳад азоб кашида истодаанд.

Пул, пул, пул фақат пул. Безор шудем, аз пулдиҳӣ. Як замначалник доштанд бисёр баду худозада буд. Чанд бор аз ман ҳам пул гирифт:- 1000 доллар 3000 ҳазор доллар гирифт, 3000 сомонӣ гирифт.

То онҷо, ки шунидам бештари зиндониҳо 307 ҳастанд ва онҳоро бо ҳар туҳматҳои сохтае зиндонӣ кардаанд.

Ман шоҳид будам ба занҳои зиндониён дастдароз мекунанд ин номардҳо.

Ман гоҳ-гоҳ,ки бо шавҳарам гап мезанам мегуяд, ки «инҷо ҳамааш 307, бегуноҳону бечораҳо. Мебурорем мебурорем мегуянду аммо фиребамон мекунанд».

Як моҳ занг назад. Гуфтам чаро занг назадӣ? Гуфт: «масҷидро маҳкам карданд. Дар барак-ҷои зисту хобашон намозхонӣ мумкин нест. Гуфт «пеши масҷид рафтем, масҷидро маҳкам карданд. Ҷумъаро хондем, қариб чанд касро бе ягон гуноҳ ва қонунвайронкунӣ бурда дар даруни тюрма боз тюрма будааст, онҷо маҳкам карданд шизо. Хароб шудам мегуяд. Ҳиҷчи намедиҳанд ба зиндониҳо. Фақат обу нон, обу нон медиҳанд. Ҳама инҷо гушнаанд. Инҷо вазъият беҳад безеб. Дачкаҳоро ҳам соз намедиҳанд.Ҷойи хобкунӣ нест. Маҳкумшудаҳои зиёд дар рӯи замин мехобанд. Ҳама касал шудагием, паронандамон беҳтар аст».

Чашмонам тамоман хуб намебинанд мегуяд. Намедонам кай мебурояд. 5уним сол доданаш. Бегуноҳ. Ранги шавҳари  ман хеле зиёд бечораҳои бегуноҳҳо дар дохил қарор доранд. Дилам месузад.

Гоҳо худамро таскину тасаллӣ медиҳам, ки ин ҳам як сунати илоҳӣ ва имтиҳон аст. Ин ҳам аҷри худро дорад ин шо Аллоҳ. Хоҳар дуъо кунед гуфт он зан. Аз ҳамаи муҳоҷирҳо талаб кунед дуъо кунанд, ки ҳамин бечораҳо бароянд ба сари кудаконашон бозгарданд.

Аз 5уним сол як солаш гузашт.

Дар ҳамин тюрма бо иттиҳоми моддаи 307 ҳазор нафар маҳкумшуда будааст.

Зиндон назди пожарка аст. Сардори ин зиндон номаш Иброҳим аст. Замначалникаш Шерафган буд пештар. Ҳозир гирифтанаш, ӯро Худо зад, аз кор сураш карданд. Як золими худозада буд. Ба маълумоти ин зан пас аз навиштану гуфтани мухолифони давлат Шеравганро аз кор шармандавор гирифтанд. Иброҳим ҳам як гушначашми дигар аст. Бо ҳисобе мо дорем қариб 400 нафар қорӣ бачаҳои ҷавон, ки ҳеҷ гуноҳе надоранд дар ин зиндон ҳастанд вазъашон хело бад аст.

Қариб 9 моҳ дар СИЗО-и Хуҷанд буд. Дар онҷо фақат гушнаҳову худозадаҳо кор мекунанд, ки аз ҳеҷ чи наметарсанд, на аз Аллоҳ на аз бандааш. Як намуд пул мегиранд, ки фақат пул мепурсанд аз наздикони зиндониҳо.

Ман гуфтам,ки Узбекистониям. Началникҳо, замначалникҳо заказ мекунанд. Ба ман ин биёр ба ман он биёр гуфта супориш медиҳанд. Ман мебурдам. Барои онки шавҳарамро азоб надиҳанд, азоб накашад гуфта мебурдам. Аз барои Аллоҳ кардам. Аммо вазъияташон сахт тоқатшикан. 98% зиндониҳо боварам кунед бегуноҳанд.

Савол: Метавонед дақиқан барои чӣ дар Тоҷикистон зиндонаш карданро гӯед, то беҳтар фаҳмам?

Вақте аз СИЗО-и Узбекистон ҷавобаш доданд, штрафаш карданд. Гуфтам штраф барои чи мекунед? Учеташ просрочений будааст, як рӯз гузаштааст. Барои ҳамин. Охир ин айби шумо аст, чунки шумо қапидед бе гуноҳ ӯро.Аммо баромаду дилаш бад шуд гуфт ватан равам якбор. Ҳарчи гуфтам чаро меравӣ? Гуфт бояд равам як хабаргирам.

Вақте дар сарҳад дастгираш карданд саволборон мекунанд, ки чаро туро Узбакистон маҳкам кард, чи гуноҳ кардӣ? Гуфтааст ҳеҷ гуноҳ надоштам ва гуноҳам «танҳо тоҷик буданам ҳаст». Диданд гуноҳ надоштам тафтиш карданд ҷавобам доданд.

Вақте дар сарҳад гирифтанду бурданду дар ҳамон отдел ду ҳафта маҳкам карданд, аммо мо хабар надоштем. Мо мековем, аммо чизе намегуфтанд. Телефанашро мегиранд.

Шавҳарам мегӯяд, ки ман чи гуноҳ дорам? Ман ягон гуноҳ надорам ку. Телефонашро мекобанд, на Тикток, на Одноклассникӣ, на Телеграмм, на Фейсбук дошт. Ватсап дошт. Кадом наворҳоеро  худашон скачат карда бори вай мекунанд.

«Ту соли 2022 ба се одам ана ҳамин видеоро роҳӣ кардагӣ». Дар он видео як нафар муллое мегуфтааст, ки касе занаш беҳиҷоб аст, вай даюс ҳисоб мехурад. Ин видеоро ба апааш ҳам партофта будааст.

«Чаро партофтӣ, мумкин нест», мегӯянд ва ба ана ҳамин ролик статяи 307 заданду маҳкам карданд. Охир ин гап дар куҷо рост мегирад? Намедонам инҳо чи хелин инсонанд?

Шавҳарам гуфт, ки «дар инҷо инвалид аст, ки як почааш кор намекунад. Ӯро низ маҳкам кардагӣ. Гуфтам чи гуноҳ дорад. Мегуяд ба кадом навори мухолифон лайк гузоштаи гуфта 307 зада маҳкам кардаанд. Садҳо ҷавон ҳаст инҷо,ки гуноҳашон тоқии сафед, дар намози ҷумъа иштирок кардан, маълумоти дурӯғи шахсе нисбаташ ва….

Дар бинои кумитаи амнияти вилояти Суғд, зданияи сурхи шаҳри Хуҷанд 10 рӯз маҳкам карданд. Бо ҳазору як азобу бо додани пули зиёд наздаш даромадам ва ҳамроҳаш

гап задам, ки охир чи гапу хабар аст, ки туро маҳкам карданд?

Дар пеши мо як милиса меистад. Шавҳарамро дар сараш қопча пушонида дастонаш занҷирбанд ва дар пушт баста меоранд.

Ман пурсидам,ки «и чи гуноҳ кардааст, ки инхелин мекунетон? Очаи президента кушта бошадам ихели азоб наметиян».

95 кило буд 50 кило ҳам нест ҳозир. Сип-сиёҳ гаштааст. Хӯрданӣ ҳиҷчи нест мегуяд. Хурокҳояшон фақат об аст, мегӯяд.

Хайр, худатон бинед. Вақте нигоҳ карда наметавонанд, маҳкумшудаҳоро обеспечит карда наметавонад, хурондан наметавонанд, сар диҳанд чи кор мекунад? Оир вай ягон ҷинояти вазнин содир накардааст, ку? Хуб пул гузаронидааст, дигар намекунад,тамом. Наход барои 500-1000 рубл 5 сол зиндон шавад, умри ҷавонашро дар маҳбас ва гушна гузаронад. Охир оилаи вай бачаҳояш чи мешавад? Хуб бигзор ҷарима кунанд, бизор як қисми пули корашро ҳамчун ҷазо ба давлат гузаронад. Аммо 5 сол зиндон кардан зулму ҷабр нест? Намедонам ман чи кор кунам.

Дилам месузад, лахту пора шудааст. Дар таги қарз мондам.

Меравам барои дачка ё свиданка. Онҷо занҳо очеред меистанд ба кудаконашон, барои додани дачка ё мулоқот. Бовар кунед, ки онҳоро мебинӣ дар поҳояшон нормалний обув надоранд, ҳатто шлепкаи пояшон соз нест. Мебинӣ, ку дилат мекафад, раҳмат меояд, камбағаланд бечораҳо, ночоранд. Ҷамъ карда, ҷамъ карда продукта бурд истоданд. Боз барои онки ҳамин продуктаашонро гиранду ба маҳбус баранд «вайда даҳ сум бте ба дуввумиш 20 сум бте ,ба савввумиаш сӣ сум. Ба боз ба уш 100 сум бте, ана ҳамин хелияй ҳолат. Инҳо аз Аллоҳ наметарсида бошанд. Намедонам боз чи бигӯям? Онҳо дар чи вазъу ҳоланд, аммо ин коргарони зиндон, мегӯӣ, ки даррандаанд, ки дар ҳамин вазъу ҳол аз онҳо пулу пора мегиранд.

Эй, Раҳмонов ва мақомоти дахлдор Мансур Умаров магар ин ҳамаро намебинед? Магар шумо одам ҳастед?»

Хуросон

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадикболи Садриддин. Мо аз ноҳияи Хуросон чамоати Айнӣ, деҳаи Ҳалқаҷар ҳастем. Дар барномаи «Минбари муҳоҷир»№ 355   дар бораи танзим гап задед.

Дар Ҳалқаҷар бе хабардор кардани  раиси маҳалла ҳамон Мавлонов Ғиёсиддин ягон маърака намегузарад. Агар Ғиёсро хабардор накунанд танзим ҳатман омада меқапад. Мисоли одӣ. Яке аз зодагони ҳамин деҳа, ки дар дехаи поёнӣ кучида рафта буд, хонаи падараш дар ҳамин Ҳалқаҷар аст. Аз Уялӣ дар мошини Мавлонов Ғиёсиддин мешинад ва ба Ҳалқаҷар хонаи падарам меравам мегуяд. Вақте ки Мавлонов Ғиёсиддин ба Ҳалқаҷар медарояд дар роҳ омадан мегирад, ки дар хонаи яке аз ин ҳамдеҳаи мо се -чор мошин дар паси дарвозаву чанд зани дигар дастархон ба даст ба ин хона медароянд. Мавлонов Ғиёсиддин дарав ба танзими ҳамон вақта занг мезанаду мегуяд, ки Манзар тез давида Ҳалқаҷар биё хонаи фалон одам, ки чи гапе ҳаст, хонааш пури одам. Баъд камтар болотар меоянд. Ин марди ҳамсояқишлоқ рости хонаи падараш мерасад ва Мавлонов Ғиёсиддин мегуяд: «раис мошина ҳамиҷа манъ кун, ма мефром». Мавлонов Ғиёсиддин талхакаф мешавад, ки «ту раҳда нафромада будӣ?»

Нигоҳ кун бародар аз фарти хабаркашӣ ва меҳру муҳаббат ба бузӣ доштан дар қафои мошин одам дорад ё не  фаромуш кардааст.

Дар ин ҷо номи нафари маъракадор ва номи ин марди дар мошин бударо нагирифтам, ки Мавлонов Ғиёсиддин боз тавассути амният ғам надиҳадашон.

Моҳи феврал пеш аз Рамазон Мавлонов Ғиёсиддин худаш чи маъракае дошт. Аммо медонед маъракаашро дар куҷо гузаронд? Дар куҳ, дар сари заминҳояш, гӯё вай наврузӣ баргузор кардааст. Дар маъракаи вай аз 40- мошин зиёд буду кам не. Агар ин маъракаро дар хонааш мекард, бо ин қадар одаму мошин ин мардум худаш танзимро хабар мекард. Хулоса, ту худоӣ дорӣ ё духтаратро фотиҳа дорӣ ё наберадор шудӣ ва барои набераат гаҳвора меоранд, Агар Мавлонов Ғиёсиддин набошад, танзим меқапад. Агар 3-4 рӯз пеш аз маъракаат Мавлонов Ғиёсиддинро гап занӣ тамоми қишлоқ хонаат биёяд ҳам танзим ба ту кор надорад.

Соли 2022- помош омад-орд. Аз кадом давлат буд намедонам. Линчаи орд 25- килоӣ. Бо фура овардану дар склади мактаб фароварданд. Рӯзи аввал тақсим карданд, рузи дуюм дарро кушоданд, ки линчахои орд ба чашм кам меояд. Баъдан сирашон баромад, ки шабошаб Ғиёс бо муовинаш Аҳлиддини ошпаз 100 линча ё   2500 кило ордро ба хонаҳояшон кашидаанд. Бехабар аз онки аз ҳамин орди помош омада касе хурд дар баданаш ё захм шуд, ё хоришак. Тамоми қишлоқ ҳамин тавр шуд.

Сол 2022-2023. Мавлонов Ғиёсиддин бачаи сеюмаш Шарифхолро, ки синфи 11ро буд кард, хизмат роҳӣ намекунад. Аз ба ҷои бачаи якумаш фарзанди Салмонро роҳӣ карда ҷонашро халос кард. Бачаи дуюмашро ҳам ровно як моҳ роҳӣ карда ба 50 ҳзор харидӣ. Хуб, мард шав писари сеюматро ду сол роҳӣ кун, хизмат карда ояд ба монанди фарзандони мардум.

Ҳамон одамҳое, ки мегӯянд Мавлонов Ғиёсиддин аз раисии маҳалла равад Ҳалқаҷар афгор ва масҷид баста мешавад, ман ба онҳо мегуям,ки Ҳалқаҷар афгор намешавад вале масҷид баста мешавад. Чунки дар масҷид гапи муллоимом аст. Вале гапро аз Мавлонов Ғиёсиддин гирифта мегуяд ин Ғиёс дар масҷид аз пешаш касе барояд хуҷаини масҷид мемонад.

Нурмаҳмад аз Чорбоғ калиди дарвозаи масҷид ҳамин сол рамазон дар дасти у буд. Баъди саҳарошӣ  барвақт ба намози бомдод меомаданд. Дари масҷид маҳкам буд. То омадани ин Нурмаҳмад дар паси дар мемонданд. Ба мисли Нурмаҳмад чандин нафар худнамоӣ мекунанд. Рузи 10 март шаб дар намози таровеҳ вақти намоз соати 20:00 буд. Мардум ба муллоимом ҳоҷӣ Ҳасан гуфтанд, ки байни намози шом ва хуфтан як соату понздаҳ дақиқа фарқ карда истодааст. Хулоса мардум 2-3 дақиқа ҷанҷол карданд, ки вақти намозро 20:10 ё 20:15 муқаррар шавад. Мардум бо ҷанҷолашон овора ҳоҷӣ Ҳасан ба тараф Мавлонов Ғиёсиддин  нигоҳ карда калла ҷумбонд, Мавлонов Ғиёсиддин ҳам калла ҷумбонд. Ҳоҷӣ Ҳасан вақти намозро ба 20:10 монд. Аз ҳамонҷо фаҳмидам, ки гап гапи Мавлонов Ғиёсиддин будааст.

Ҳоҷӣ Ҳасан бошад як лухтак аст, савод надорад. Сураҳои азёд кардааш аз руи «Фарзи айн»-и тоҷикӣ аст. На таҷвид дорад, на қироат. Як руз намози асрро панҷ ракаъат мехонад. Баъди намоз дар беруни масҷид мегуянд, ҳоҷӣ панҷ ракъат хондем. Ҳоҷӣ Ҳасан мегуяд, ки «мулло маюм даркор шава се ракъат мехонум».

Охир Ҳасан ба ин гапи гуфтааш ҳукмаш чист? Фарзи худо гуфтагиро даркор шавад, се ракъат мехонам гуфт. Вақте ҷаноза мешуд дар минбар мебаромад мегуфт, ки арабҳо як хислат доштанд. Вақте дар арабҳо касе мемурд ин калимаро мегуфтанд: «инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиун».

Бародар Муҳаммадиқбол,акнун саводи ин муллоро бин. Касе гуфта бошад, ки эй аҳмақ ин хислати арабҳо не, ин ояти Қуръон. Барои ҳамин дигар хислати арабгуиро бас кард. Хулоса, бародар хару сагон мулоимом ва соҳиби масҷид шуданд.

Самариддини ғармӣ дар «Минбари муҳоҷир»-№ 355 гуфт, ки дар Ғарм мактаб месозанд, лекин ду гектар замин наёфтаанд. Ин гап дар ҳақиқат рост аст.   Мувофиқи шунидаи мо арабҳо ба Тоҷикистон 130- миллион долар доданд. 100- миллион ба дигар корҳо аммо 30- миллион долар ба соҳаи маориф бахшида шудааст. Мактиби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24 соли 1965 бунёд шудааст. Ин мактаби Ҳалқаҷар 60- сола шуд. Чанд сол боз гап буд, ки мактаби нав месозанд. Ду сол пеш директор Гулчеҳра мегуфт, ки арабҳо омада чанд мактабу донишгоҳ месозанд. Гуфта буд, ки ҳамин мактаби Ҳалқаҷар дар руйхат ғалтидагӣ аст, мактаби нав мешавад. Лекин у аз директорӣ баромад. Аммо директори ҳозираи мактаби рақами 24 Мавлонов Асомиддин ва раиси маҳалла Мавлонов Ғиёсидин аз паси ободии мактабу қишлоқ нагаштанд. Вале шербачаҳои ҳамсояқишлоқи Партсъезд   дар ноҳия корро ҳал карданд. Мактабе, ки дар Ҳалкаҷар мешуд акнун дар Партсъезд сохта мешавад.

Арабҳо мактаби сеошёна месохтаанд. Масоҳат ҳамин ду гектар. Арабҳо гуфтаанд, ки дар куҷое мактаб месозем заминаш бояд ду гектар бошад. Ва ҳамин тавр бо тамоми шароити замонавӣ мактаби нав аз дасти Ҳалқаҷар рафт. Чунки раиси маҳалла Мавлонов Ғиёсиддин ва директори мактаб Мавлонов Асомиддин кор накарданд. Ҳоло медонед, ки ин ду дар куҷоянд? Ба мисли келас дар танаи дарахти писта часпидагианд. Мактаб бесоҳибу директори мактаб ҷангал гирифтаасту пистабонӣ рафтааст. Вазири маориф куҷоро нигоҳ дорӣ? Ҳозир дар мактаб ягон муаллим нест. Ҳама пистабонӣ.

Дар бораи ҳолатҳои зарбу лати талабаҳо аз тарафи муаллимҳо дар барномаҳои Номаҳо аз ноҳияҳо 203 ё 204 гуфта будем. Бале, дутояш бас карданду Русия рафтанд. Пешравӣ ҳаст.

Талабаҳо ҳам тамошо мекунанд. Вале як номард ҳаст, ки вай Раҳмонқулов Умед ном дорад. Вай омодагии дифоъи ҳарбӣ дарс мегуяд. Бачаҳои синфи 5-6- ро дар дарси тарбияи ҷисмонӣ сахт ғам медиҳанд. Алиёри амакиаш ҳамроҳи Алиёри посбони мактаб аст. Лекин дар стадион чунон дод мезанад, мегуӣ майдон аз Ҳайити отааш бошад.

Умед ту аз аввал мард набудӣ ва мард нашудӣ. Ту мард мебудӣ бачае, ки тарафи хонаи Зафари амакиат нигоҳ карда гузашт, дидиву ҳеҷ чиз нагуфтӣ. Рузи дигар дар мактаб баҳонаи дарс карда задиаш. Умед фикр кардӣ ин кудакони синфи 4-5-6-аз ту метарсанду дуои бад намекунанд дар ҳақат. Ана ҳамин ҳолат паёмади дуои кудакони бегуноҳ аст. Мардуми Ҳалқаҷар ҳеҷ чизат нагуфтанд, лекин райони Панҷро ба мисли Ҳалқаҷар фикр кардӣ. Аз райони Панч замини писта гирифтаанду рузи 13 ё 14 июл. 15 аспакӣ мераванду ҳамин Умедро бо чанд нафари дигар мезананд. Дигарҳо бегуноҳ вале Умед зулм дар сари талабагон карда буд, гунаҳгор буд. Умедро чунон задагианд, ки дар пояш рост мемонанд боз меғалтад. Бачаҳои Панҷ кадоме Умедро задед дастатон дардро набинад. Коре,ки ҳалқаҷариҳо накарданд, панҷиҳо карданд.

Умед дар сарат зарба хурдӣ, яке ақл гирифтӣ. Умед ин сухани ман угрожат не , паём аст, тинҷ бигард, кудакҳоро ғам надеҳ. Алиёри амакат ҳам ин дафъа аз бобоят сар мекунам ба падаруту амакҳоят, аз солҳои навад мебинем, чӣ  кор мекунӣ?

Ба умеди пирузӣ.

Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол.Ин боз ҳам ман ҳастам,ки аз Волгоград бароятон менависам.Ин бор ҳам ман сайтҳои нашрияҳои чопи Душанберо мурур ва мутолиа карда ба як навиштае дар сайти СССР  бархӯрдам. Қабл аз онки дар бораи он чизе бигӯям ин навиштаро, ки таҳти унвони «Фаввораи бесоҳиб» аз 16уми июл чоп шудааст, пешкаши хонандаҳои гиромии «Ислоҳ» намоям. Ин навишта ба қалами нафаре бо номи Зариф Ғулом мансуб аст ки худро адиб муаррифӣ кардааст:

«Вокзали роҳи оҳану Фурудгоҳи ҳавоиро дарвозаи шаҳр мегӯянд. Зеро ки маҳз тавассути ин иншоотҳои бузургу муқаддас ҳазорҳо меҳмони пойтахти кишвари азизамон ба воситаи он ба фарҳангу маданияти халқи тоҷик шинос шуда, баҳо медиҳанд.

Дар вокзали шаҳрамон рӯ ба рӯйи бинои чорошёна, 10 қадам ғарбтари бинои боҳашамати идораи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бинокорони боғайрати пойтахт фаввораи зебои мунаққаше сохтанд, ки мавҷудияти он ба ҳусни шаҳр ҳусн зам мекунад. Вале 100 афсӯс, ки он бесоҳиб буда, солҳои зиёд корношоям гардида, ба партовгоҳ табдил ёфта, дар дохили он пораҳои тарбузу харбуза, баклашкаву ҳар гуна маҳсулотро дидан мумкин аст. Намуди ҳузнангези он на танҳо табъи истиқоматкунандагони бинои чорошёнаро хира мегардонад, балки руҳияи меҳмонони шаҳрро ношод месозад.

Дар ин рӯзҳои гарми саратон ҳатто наврасони мактабхон, ки дар таътили тобистона қарор доранд, наметавонанд, ки аз ҳавои салқини фаввора истифода баранд. Саволи матраҳ ин аст, ки наход кормандони хоҷагии коммуналии ноҳияи Шоҳмансур ва махсусан мутасаддиёни КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ин манзараи ҳузнангезро надида, баҳри бартараф кардани ин нуқсон, ки ба зебоӣ ва таровати пойтахт таъсири бевоситаи манфӣ мерасонад ӯ чораву тадбири судбахше наандешанд?»

Ин буд ин матлаби СССР. Аммо ончики дар ин навишта гуфта намешавад ва нуқси асосии он мебошад, ин аст ки муаллиф ҷуръат накардааст, ки «саволи матраҳ»-ро ба Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳр бидиҳад,чунки муқассир вай аст ва нафаронеро, ки дар ин арса ё арсаҳои дигар шаҳрдорӣ мансуб кардааст, шоиста ва сазовор нестанд.

Вагарна, дар ҳақиқат ҳама вокзалҳо ба сифати дарвозаҳо ё даромадгоҳҳои шаҳр ба ҳисоб мераванд ва вақте вориди даромадгоҳ мешавиву чунин манзараҳои нохуш ва кареҳро мебинем, дафъатан рӯи муроҷиатамон самти раиси шаҳр бармегардад.

Ва, аммо на фақат хоҷагии коммуналии шаҳри Душанбе аст ки наметавонад кори худро ба ваҷҳи аҳсан иҷро кунад, ҳама сохтору ниҳодҳои шаҳрдории Душанбе ҳамин гуна нокоргар ва номуваффақу ноуҳдабароянд.

Барои ҳамин тавсияи ман ба ин нашрия ин  аст ки ба шахси масъули асосӣ муроҷиат кунанд ва ӯро водор кунанд,ки ҳарфи интиқодиро бишнавад ва дар ислоҳаш бикушад. Ӯро ҳам мисли падараш фавқулбашар набояд тарошид!

Сообщение    Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №263 появились сначала на ISLOH.net.