Архивы Умаралӣ Қувватов - ISLOH.net

Паёми хатарноки Раҳмонов: қотили Умаралӣ Қувватов чаро озод ва мукофот гирифт?
Номаи маро алоҳида нашр кунед №50

«Ислоҳ», ҳанӯз моҳи июни соли 2025 хабари аз зиндони Туркия озод ва ба Тоҷикистон  фиристодани Сулаймон Қаюмовро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и шумораи 251 нашр карда буд. Як каме пеш аз ин дар яке аз барномаҳои «Минбари муҳоҷир» ҳам ин хабарро ба мардум расонида будем. Тибқи маълумоти он шабурӯзҳо Сулаймон Қаюмовро аз Туркия оварда буданд ва вай дар СИЗО нигоҳ дошта мешуд.

Сулаймон Қаюмов, қотили шаҳид Умаралӣ Қувватов, роҳбар ва муассиси ҳаракати оппозитсионии «Гурӯҳи 24» аст ки дар марти соли 2015 бо тири туфанги бесадо Умаралиро дар ҳузури фарзандон ва ҳамсараш дар яке аз хиёбонҳои Истанбул дар пушти сараш паронида ба шаҳодат расонд.

Додгоҳи Туркия дар он сол қотили аҷиркардаи Раҳмоновро барои ин ҷинояти сангин ба ҳукми абад маҳкум кард. Аммо бо гузашти даҳ сол аз ҳукми додгоҳи Туркия нафаре, ки бо ҳабси абад маҳкум шуда буд, ҳоло дар хиёбонҳои Душанбе савори Лексус мегардад.

Номаи зер дар ҳамин бора маълумот медиҳад:

Раҳмонов ба Сулаймон Қаюмов, қотили Умаралӣ Қувватов озодӣ ва мошину хона подарка кард

Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқбол! Ин номаро аз шаҳри Душанбе бароятон менависам. Бовар дорам ин хабар барои мардуми Тоҷикистон ва тамоми мухолифин бетафовут нахоҳад буд. Ман бо бастагони Сулаймон Қаюмов, нафаре, ки соли 2015 Умаралӣ Қувватов, асосгузори ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24»-ро дар Истанбул ба шаҳодат расонд, равуо ва ошноӣ дорам.

Сулаймонро аз зиндон бароварданд ва ҳозир дар озодӣ ба сар мебарад.

Ба ин муносибат дар хонаи додари Сулаймон Қаюмов, дар Душанбе ва Восеъ нони калон   доданд. Мо ҳам даъватӣ будем. Номи додараш Абдураҳмон аст.

Дар шаҳри Душанбе ба вай хона тӯҳфа карданд ва ба ҷои кор таъмин намуданд. Ҷои корашро ҳоло ман намедонам. Ба Сулаймон Қаюмов дар район ҳам хонаву дар доданд. Дар маркази райони Восеъ, дар кӯчаи Фирдавсӣ хонаи 8 зиндагӣ мекунанд.

Аввал омад дар хонаи тағояш дар қарибиҳои бозори Корвони Душанбе истод. Баъд аз инҷо бурданаш Восеъ. Дар Восеъ ҳам баъди ду рӯзи анҷоми моҳи Рамазон нон доданд.

Ҳамсари Сулаймон вақте мефаҳмад, ки Сулаймон зиндонии якумра шудааст, тобу тавонро аз даст медиҳад ва дигар ҳардаста ва «полний рост» мешавад ва бо «бачаҳо» -асосан амният ва МВД дар дачаҳои Варзоб чанд сол аст ки мераваду истироҳат мекунад.

Зани Сулаймон дар беморхонаи Восеъ ҳамшираи шафқат-медсестра буд. Масҳ-массаж мекард. Лекин «бачаҳако» мебурданду…..

Худи Сулаймон ҳама чизро медонад. Акнун ва ҳоло пас аз озодии Сулаймон чи гап мешуда бошад, инаш хело аҷиб аст.

Дар бозори Султони кабири Восеъ ҳам барои додараш магазин туҳфа карданд. Онҷо Абдураҳмони додари Сулаймон қолинфурӯш аст.

Ин ҷоизаҳо ба Сулаймон ва додараш барои иҷрои бомуваффақи миссия ва хушрӯ  оправдат кардан- куштори Умаралӣ Қувватов дода шудааст. Ана «президента бераҳмуш»

Умаралӣ Қувватов кӣ буд?

Умаралӣ Қувватов аз ҷумлаи он сиёсатмадороне, ки тарафдорони зиёд дошта бошад набуд, дар кӯраи сиёсат гудохта, обутоб ёфта, собиқа ва таҷрибаи зиёди сиёсӣ дошта бошад, набуд.

Аммо вай дар фурсати андак ба як шахсияти пештозу пешрави неруҳои мухолифи Раҳмонов бадал шуд ва дар як фосилаи кутоҳ ҷойгоҳи намоён ва рейтинги боло касб кард, мавриди таваҷҷӯҳи оммаҳо қарор гирифт ва дар қиёс бо оппозитсиони онвақта, масалан ташкилоти пурнуфуз ва пурҷамъияти ҲНИТ, ки аз ҳар гуна рӯёрӯӣ бо режим имтиноъ меварзид, Умаралӣ Қувватов ба унвони раҳбари ҳаракати нави сиёсии «Гурӯҳи 24» бо сароҳат ва ошкоро ба сарнагунӣ ва нобудии Раҳмонов ва режими вай даъват мекард ва ҳамин даъватҳои ошкоро ва оммавӣ ӯро ба рақиби сахти Раҳмонов дар майдони сиёсат мубаддал кард.

Даъвати вай барои тазоҳурот дар тирмоҳи 2012 дар Душанбе барои мақомоти Раҳмонов мисли раъду барқи тамуз ногаҳонӣ буд ва таҳдиди ошкоро ва ҷиддӣ ҳисоб меёфт. Аз инҷо буд, ки он рӯз тамоми ҷодаҳои пойтахт пур аз мошинҳои зиреҳпӯш ва низомиҳову милисаҳои мусаллаҳ шуда буд. Чанд рӯз қабл аз он ҳам неруҳои вижа ва таъиноти махсуси мақомоти қудратӣ зидди саҳнахезӣ ва хиёбонбароӣ дар майдони назди кинотеатри ҳамакнун собиқи Ҷомӣ

тамрини зидди тазоҳурот доир карда буданд, ки далолат аз тарс ва таҳлукаи Раҳмонов мекард.

Инҷо мехоҳем як иқтибосеро, агарчи тулонӣ ҳам бошад, дар бораи Умаралӣ Қувватов аз як матлаби қаблиамон, ки 12 феврали соли 2022 таҳти унвони «Фармоишгар ва қотилони Умаралӣ Қувватов ошкор шуданд»

(https://isloh.net/14044/farmoishgar-va-qotiloni-umarali-quvvatov-oshkor-shudand ) пешкаш намоем:

«Худобиёмурз Қувватов аз муассисони ширкати “Фароз” буд, ки баъдан Шамсулло Соҳибови домоди раиси ҷумҳурӣ ӯро на танҳо аз ин ширкат маҳрум, балки тамоми дороӣ ва моликияташро ҳам тасарруф намуд ва коре кард, ки хусураш бо истифода аз фишанги давлатӣ ӯро ба унвони як ҷинояткор муаррифӣ бикунад. Қисааш тӯлонист. Вале ҳаминро бигӯем, ки вақтҳои ахир Умаралии шаҳид дигар на танҳо ба як мунтақиду ифшосозандаи аъмоли ҷиноякоронаи Раҳмонову хонаводааш, балки ба як сиёсатмадори мардумӣ ва лидери садҳо ҳазор аз муҳоҷирон бадал шуда таҳдиди ҷиддӣ ба пояҳои қудрати Раҳмонов маҳсуб мешуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2014 фаъолияти «Гурӯҳи 24»-и Қувватовро дар кишвар расман манъ ва онро ба рӯйхати сиёҳи созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Ҳар гоҳе, ки Қувватов тариқи шабакаҳо ва бахусус шабакаи моҳвораии  “К+” суханрониҳо мекард, ҷон аз қолиби Раҳмонов берун мешуд. Шояд даҳҳо миллион доллар масраф карда буд, ки ӯро бо ҳар роҳу восита ба ватан бозгардонад. Чанд навбат тавассути ИНТЕРПОЛ-пулиси байналмилалӣ  ӯро мавриди боздошту бозпурсӣ қарор дод. Аммо ҳеҷ яке аз ин кишварҳо, ба шумули ҳамин Туркия розӣ нашуданд, ки шаҳид Умаралиро ба Тоҷикистон истирдод кунанд. Аз инҷо буд, ки таҳдиду ихтори зиёди ӯ ба Умаралӣ Қувватов камтарин таъсир надошт. Дигар Раҳмонов тасмим гирифт, ки ӯро ҷисман аз байн бибарад. Ва, ҳамин тавр ҳам кард. Ин масъулиятро Раҳмонов бар дӯши Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ гузошт. Рамазон Раҳимзода Сулаймон Қаюмови  восеъиро барои иҷрои ин амалиёт ҷалб кард…….

Аммо Сулаймон Қаюмов нақши агенту гумошта ва барномасози амалиёти қатли Умаралиро бар дӯш гирифт. Ӯро чанд муддат дар вазорати дохилӣ омӯзониданд. Тахминан шаш моҳ ӯ нақшеро, ки бояд ифо мекард, машқ кард. Баъде, ки мутмаин шуданд, ӯ аз ӯҳдаи иҷрои нақши бар дӯшаш вогузоршуда баромада метавонад, роҳии Истанбул карданд. Сулаймон Қаюмов дар Туркия худро савдогару тоҷир рост карда,ҳатто корманди назофати масҷиде дар наздикии фурудгоҳ, оҳиста-оҳиста ба марҳум Қувватов ва ёронаш наздик мешавад. «Наздикшавӣ» аввалин марҳалаи нақшаи куштор буд, ки ӯ муваффақ шуд ва тавонист, ки дар як фурсати кӯтоҳ бо Қувватов ошно ва ҳатто дӯст бишавад. Хонуми шаҳид Умаралӣ аз наздикшавии шавҳараш бо Сулаймон Қаюмов хушбин набудааст, ки баъдан бо хабарнигорон ин нигарониашро изҳор намудааст.

Хабаргузориҳо дар он шабурӯз навишта буданд, ки 5-уми март, Қувватов ҳамроҳи зан ва ду писараш ба хонаи як ҳамватани тоҷикистонӣ бо номи Сулаймон Қайюмов барои зиёфати шомгоҳӣ даъват шуда буданд. Ба оила заҳр хӯронданд, вале онҳо зинда монданд. Дар ин зиёфат бо шаҳид Умаралӣ бархе аз рафиқонаш,аз ҷумла Суҳроби Зафар, Ҳусейн Ашуров ӯро ҳамроҳӣ менамуданд. Ғизои заҳролуда ба ҳамаи инҳо ҳам таъсир карда буд. Ҳама беҳолу бемадор буданд ва бо марҳум натавонистанд аз хона берун шаванд. Умаралӣ аммо исрор меварзад, ки бояд аз хона бадар шуд, чун инҷо «чи гапе» ҳаст. Худи Сулаймон Қаюмов ба баҳонаи онки ғизо аз гӯшти гӯспанд таҳия шудааст, луқмае самти даҳан намекунад. Вақте амалиёти бо заҳр куштан амалӣ намешавад марҳум Қувватовро дар кӯча замоне, ки дар як даст дасти ҳамсар ва дар дасти дигар дастони яке аз кӯдаконашро дошт ва мунтзири таксӣ буданд, аз пушти сараш парронданд. Аз пушти сар ва бо туфанги бесадо».

Поёни иқтибос

Иллат ва ангезаи куштори шаҳид Умаралӣ Қувватов сиёсӣ аст. Раҳмонов аз Қувватов барои он тарсид, ки вай аз Кулоб буд ва метавонист, ки норозиҳои ин минтақаро, ки бар зидди Раҳмонов вақту соатро мунтазиранд ба ҳам биёрад. Иллати дигар он буд, ки мардум беҳад аз Раҳмонов хаста шудааст ва вақте як чунин нафаре мисли Қувватов, ки бо оилаи Раҳмонов ҳамкор буд, равуои дошт дар муқобили вай қад алам мекунад, ҳатман ҳамроҳаш мешуданд ва тарафдорӣ мекарданд. Хулоса, Раҳмонов барои онки аз курсӣ ва қудрат маҳрум нашавад роҳи чораро дар маҳви физикии Умаралӣ Қувватов дид. Ва, ин корро кард.  Раҳмонов ҳар касеро, ки даъвои сиёсӣ кард, ҳар касеро, ки нуфуз ва ҷойгоҳ пайдо кард ё кушт ё зиндонӣ кард ё водор ба фирор намуд.

Аммо, ростӣ, мо ҳанӯз ҳам нафаҳмидем, ки ҳукумати Туркия нафареро, ки ба ҳукми абад муҷозот шудааст, чи гуна озод кард?.

Бинобар навиштаи муаллифи ин нома Сулаймон Қаюмов то раҳоияш дар СИЗО-и Душанбе қарор дошт. Вай дар онҷо наздик ба як сол истод. Пеш аз иди Рамазон ҷавобаш доданд. Чунки вай миссияашро иҷро кард, корашро кард».

Ин гуна фарзияҳо ҳам ҳаст, ки гӯё Сулаймонро бо як нафар аз табааи Туркия, ки дар яке аз муасссаҳои таълимии Фатҳулло Гюлен дар Душанбе кор мекард ва аз афроди наздики Гюлен буд табодул кардаанд. Бар ивази он нафар ҳамчунин ҳукумати Тоҷикистон тавонистааст Сӯҳроби Зафар, роҳбари ҳамакнун пешини «Гурӯҳи 24»-ро аз туркҳо бигирад. Вале, ин ҳарфҳо фақат фарзияанд.

Аммо инки Сулаймон Қаюмов ҳоло дар озодӣ аст ва дар Душанбе ба сар мебарад воқеият аст.

Бинобар навиштаи муаллифи ин нома « Ҳамон шабурӯзҳо, ки Восеъ омаду нон доданд, бо як Лексус чанд рӯз бо каттагӣ ва ҳавобаландӣ гашт. Дар асл ӯро запреташ монда буданд, ки «нарав ба Восеъ. Яке журналистҳо даракатро меёбанду ғавғову валвала мехезад. Боз меоранду маҳкамат мекунанд.»

Барои ҳамин агарчи нон доданд фақат давру бариҳояш иштирок карданд. Ҳеҷ кас наомад, хабаргирӣ

«Худаш бо Лексус омад, дар район фир гашт, катагӣ, худнамоӣ кард. Вале онҷо одамҳое буданд, ки гуфтанаш «хеле кори хуб кардай, ки боз дар инҷо каттагӣ карда гаштестай. Боз занта на*****янд».

Баъд, тағояш пагоҳи барвақт оҳиста мегирад ва мегӯяд, ки «биё ҳуй буху, рафтем, ки ростат меган. Ту да инҷа чиӣ, киӣ, ту чи кор кардай, ҳама медонан, ту ягон қаҳрамонӣ нишон додай, ки да иҷа ба Лексус гаштестай. Ту кулобии худмона куштай».

Баъд, гурехту омад шаҳр. Ва ҳоло бо занаш дар Душанбе зиндагиашон якҷоя рафта истодааст.

Ҳоло саволи асосӣ инҷост, ки Раҳмонов Сулаймон Қаюмовро чаро озод кард, бештар аз ин хонаву мошин тӯҳфааш кард?  Раҳмонов чӣ гуфтанӣ аст?

Тақдиру таҳсин, беш аз ин додани ҷоиза ва инъом ба як нафари қотил аз тарафи раиси як давлат чи гуна бояд фаҳмида шавад? Вақте раиси ҷумҳурӣ як қотилро озод ва поошерят мекунад, магар он раиси ҷумҳурӣ кафилу зомини саломат ва амнияти ҳаёти шаҳрвандон шуда ва ё буда метавонад?

Мо мутмаин набудем, аммо ҳадс мезадем, ки Сулаймон раҳо мешавад.

Раҳмонов ҳам ӯро озод мекард, маълум буд. Чунки Сулаймон амри бевоситаи Раҳмоновро иҷро карда буд.

Аммо Туркия ин қарори Раҳмоновро чи гуна пазируфта бошад. Вақте додгоҳи Туркия дайн карду ҳукми абад доду даҳ сол шинонд аммо Раҳмонов оварду озод карду мошину хона дод. Яъне Раҳмонов Туркияро ҳам зад? Имиҷи Туркия дар сатҳи байналмилалӣ чи шуд? Давлати Туркия чи фикр мекунад. Ҷинояти қатли Қувватов дар Туркия бо имзо ва дастури Раҳмонов ба иҷро даромадааст?! Вагарна чаро қотил мукофот мегирад аз давлат?

Бо ин кор Раҳмонов тасдиқ ва иқрор мекунад, ки марҳум Умаралиро вай куштааст. Тасдиқ кард, ки амалиёти куштор ва маҳви физикии шаҳид Умаралиро вай сармоягузорӣ кардааст.

Қотиле, ки ҷинояташ дайн ва зиндонӣ шудааст, ҳукми абад гирифтааст, меояду ҷоиза ва инъом мегирад. Аммо инки ӯро мукофот диҳад, савори Лексус кунад, маъно ва паёмаш ин аст ки ин давлат нест. Ин давлат амалан ОПГ-гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ аст ки бо ҳар роҳу восита бояд худро ҳифз кунад

Гуфтанист, ки ҳарки бо ман аст, ҳарки маро бонӣ мекунад, одам кушад ҳам ҷоиза мегирад. Раҳмонов мехоҳад ба ҳарифону рақибони худ зарбаи рӯҳиву равонӣ ворид кунад, шабехун бизанад, то ки касе сар барнадорад.

Додани ҷоиза ба қотили рақиби сиёсӣ ҳамин мазмунро дорад, ки ман омодаам барои курсиам одамро кушам, ман аз ягон ҷиноят рӯ намегардонам.

Инҷо дигар ҳама чиз ба ҳам омехта шудааст.

Вақте «заказчик» президент аст аз вай чи мешавд тавққуъ кард?

Ҳоло масалан Рустам, ки ояду нафаре амсоли Умаралӣ Қувватов дар рақобат бархезад, вай ҳам мекушад? Раҳмонов ба Рустам одамкуширо ҳам меомӯзанд ё уже омӯзонд?

Эмомалӣ Раҳмонов ба ин қотил аз кадом ҳисоб мошину хона дод?

Вале дар ин байн Раҳмонов ба мардум ба ҳайси кӣ муаррифӣ мешавад? Оё мо, тоҷикҳо бовар бикунем, ки давлат дорем ва ин давлати мо қонун дорад, ки гунаҳгорро, ҷинояткорро, одамкушро ҷазо медиҳад.

Ва ё баракс мо ба ин андешаву хиёл бошем, ки раиси давлати мо худ як одамкуш аст.

Аз сӯи дигар куштори Умаралӣ Қувватов нишонаи аҷзу нотавонӣ ва заъфи Раҳмонов  ва ҳукумати вай аст. Чаро? Чунки як нафаре, ки бо тӯда ва анбӯҳу издиҳом, яъне бо халқ канор омад, пуштибонӣ ва дастгирӣ ёфт, табдил ба умеду орзуи мардум шуд, Раҳмонов хатарро дар симои вай мебинад.

Ин тавр, ки бигзор, рақиб вориди майдон ва арса бишавад ва инки бигӯяд омода аст бо вай дасту панҷа нарм кунад, шоху шона бизанад, ҷуръат ва ҷасорат надорад. Зеро медонад, ки шикасташ ногузир аст. Шумо ҳарифони интихоботии вайро бинед, ки киҳо буданд.

Раҳмонов ва дору дастаи вай медонанд, ки халқи Тоҷикистон ӯ ва онҳоро кайҳо нафрин кардааст.

Вай мезанад мекушад, на барои онки зӯр ва тавоно аст, чунки роҳи дигар надорад. Тарсро бояд барҷаста, овезон ва пайваста ва даҳшатноктар нишон диҳад.

Аммо, ҳама чиз поёни худро дорад. Ва, Раҳмонов мутмаин бошад, ки ҳамон поёноварандагони вай дар роҳанд ва моро доранд ҳамроҳӣ мекунанд.

Аммо роҳи шаҳид Умаралӣ Қувватов пурроҳрав аст ва ҳаргиз ин роҳро холӣ нахоҳанд гузошт.

Паёми «Ислоҳ» ба Раҳмонов ва СС.Ятимов!

Раҳмонов, иштибоҳ накун. Ин намоишҳои тарсофаринат ва озод кардани қотилон моро наметарсонад. Агар фикр дорӣ, ки бо мукофот додан ба ҷинояткорон паём мефиристӣ, ки «бикушед-подош мегиред», пас худат эътироф мекунӣ, ки низомат ба чӣ табдил ёфтааст.

Ин дигар давлат нест-ин паёми ошкор ба ҷаҳону ҷомеа аст, ки қонун зери по шудааст.

Аммо як чизро фаромӯш кардаӣ: тарс на ҳамеша кор мекунад. Баъзан тарс бармегардад ба сӯи худи он касе, ки онро паҳн мекунад. СС.Ятимови махуф ту ҳам тарафи хасми мо ҳастӣ ва ифтихор накун! Ҳатман рӯзҳои ба шумори ту ҳам мондааст дар ин арикаи зулму истибдод!

Мо ин роҳро тасодуфан интихоб накардаем. Бо чашми боз интихоб кардем. Медонем дар муқобили кӣ истодаем ва медонем ин мубориза чӣ қадар гарон аст.

Марг? Медонем.
Зиндон? Дидаем.
Туҳмат? Аз сар гузарондаем.

Ҳеҷ кадоми ин моро бознадоштааст ва нахоҳад дошт.

Ту бо ин корҳоят танҳо як чизро исбот мекунӣ: тарс дорӣ. Тарс аз ҳақиқат, аз номи Умаралӣ Қувватов, аз хотираи ӯ ва аз он чизе, ки ӯ рамзаш шудааст.

Мо наметарсем.
На аз таҳдид, на аз фишор, на аз саҳнасозиҳои ту.

Роҳи мо роҳи баргашт ба қафо ва афву сулҳ бо ту нест. Роҳи мо рафтан то охир ва расидан ба озодии тамом аз низоми хуношоми туст, ки он рӯзи бузург ҳатман фаро мерасад.

Ва як чизро бидон:
пирӯзӣ дер шавад ҳам- он рӯз мерасад ва мо ба ин имон дорем!

Сообщение Паёми хатарноки Раҳмонов: қотили Умаралӣ Қувватов чаро озод ва мукофот гирифт? появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №251
Ин даъвову иттиҳом, ки тамоми вазифаҳо дар ҳукумати Тоҷикистон фурӯхта мешаванд ва дар ин вазифафурӯшӣ аз худи Раҳмонов сар карда то Озодаву Рустам ва ин тараф Сумбулоғо (Асадулло Раҳмон, ёрдамчӣ оид ба кадр)-у Зоири мундуқ, Тахмина ва Азизмо (началник отдел кадр)-и газетхонак шариканду даст доранд, барои ҳамагон маълум аст, пӯшида нест. Раҳмонов тавре вонамуд мекунад, ки гӯё надидаву нафаҳмидааст, аммо ин пулҳо ба киссаи вай ҳам мераванд.

Дар мақомоти марказӣ тамоми вазифаҳо «ставка»-нархи муайян доранд. Масалан вазифи Прокурор ё Раиси суд ва МВД пули калон-ставкаи бузург доранд аммо боз вазифаҳоеву вазоратҳое ҳам ҳастанд, ки хеле калонтаранд. Яке аз онҳо минфин-вазорати молия ё дороии Тоҷикистон аст. Номаи аввали ин барнома аз он ҳикоят мекунад, ки як нафар муддаии курсии вазорати молия аст ва ваъдаро аз касе не, аз Озода, роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Президент гирифтааст, ки бар ивази чанд миллион доллар метавонад вазир бишавад:

Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Як бародар аз Кулоб занг зад ва гап зад, ки ин кали Бахтиёр раиси шаҳр як рӯз дар якҷо бо як соҳибкори маъруфи Кулоб Маҳмадсидиқ Одинаев, ки аз мафияи Шурободиҳоянд якҷо бо Бахтиёр Назарзода нишаста гуфтааст: «ҳозир ҳамаи ричагора ҷиқидагиюм барои пула ҷамъ кардан. Ҳозирашда ай ҳамада нағз Кулобда линияи аскарҷамъкунияй, тандурустиям, масҷидорам, ҳамаша ҷиқидагиюм пули  нағз оварда додестанум, камтари дига мондай. Хай агар мегум нашавад, баъд гапут мезанум. Ин Озода худша мефурӯшад, ҳоле вазифа онсу биистад».

Бахтиёр Назарзода, раиси Кулоб қасд дорад вазири молия шавад.

Гуфтааст ба Маҳмадсиддиқ Рдинаев,ки «як маслиҳат мекунам, одамҳоямро мепартоям, агар пул даркор шуд, пулам нарасид, ту ёрдам медиҳӣ. Гуфтааст, ки «ягон ним миллион доллар даркор аст. Қарз медиҳӣ, Минфина бояд бигирум, баъд у тарафаш мехурем мегардем».

Бинобар гуфтаи Назарзода вай бо Озода маслиҳат карда истодааст. Гуфтааст: «и Озода худша мефурӯшад, ҳоло вазифа усу беста».

Дар ҳақиқат ин авлоди гушна барои пул шуда любой чиза медиҳанд, любой корро мекунанд.

Баъд ин кали Бахтиёр Назарзода гуфтааст:  «Ин шо Аллоҳ ма вазифара гирифтам Кулоб ду се тиҷорат дорӣ Маҳмадсидиқҷон и камай, и чияй, ташкилуш мекунум и ҳамун тарафои Душанбедаву тарафои Ленинобода ҳам точкаҳо мегирӣ, ҳуй мекунӣ, бизнеси туям калон шудан мегирад.

Ин Маҳмадсиддиқ Одинаев тиҷораташ дар Кулоб гуногун аст, фермаи мурғ, фермаи гов магазин, нуқтаҳои калони фурӯши бензин дар чанд ҷойи даруну беруни Кулоб. Ба кали Бахтиёр, порахури калон доим пора ҳам медиҳад, аммо ҳоло барои пули калон гирифтан аз Маҳмадсиддиқ ход кофта ва омодааш дорад.

Ин кали Бахтиёр полний Кулобро фурӯхт

Панҷ

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол! Метавонед ин номаи маро Генералний Прокурор кришаи панҷиҳо унвон гузоред. Дар Прокуратаи генералӣ дар Душанбе генерал Хушвақт Машрабзода Имомович кор мекунад, ки худ зодаи ноҳияи Панҷ аст. Ин шахс бисёр панҷиҳоро кришагӣ мекунад.

Шоҳиён Зариф Фақерович замини масҷиди колхози Маданиятро ба зӯрӣ гирифт. Магазинҳои пластики на противи идораи райисполкомро сузонида пожар карда аз нав сохтанд. Ва як метру 50 сантиметрӣ аз ҳар як магазин кам карда барои худ 6 метр эконом кард ва дар ин ҳудуд ду магазин сохт ва ба аренда дод. Боз замини идораи колхозро гирифта барои худ хона сохт. Кришаи Шоҳиён ҳамин генерал Машрабзода мебошад.

Дуюм Кенҷаева Хайриниссо Ғуломовна ҳамаи заминҳои куҳу куҳдоманҳоро фурӯхта ба худаш рамаи гусфанд харид. Ва нисфи замини куҳро барои гусфандонаш чарогоҳ кард. Кришаи Кенҷаева Хайриниссо низ генерал Хушвақт Машрабзода мебошад.

Сеюм Саидов Балаҷон қудои генерал Машрабзода ва рафиқи наздики Шоҳиён Зариф Фақерович мебошад. Ин Балаҷон аз пушти генерал Машрабзода Хушвақт ва Шоҳиён Зариф Фақерович тамоми мақомоти ноҳияи Панҷро иди н..й мегуянд. Ин Балаҷон як магазини арақфурушӣ дар пеши светофори чорроҳа дорад. Бо ёрдами генерал Машрабов ва Шоҳиён Зариф Фақерович мақомоти Панҷро писанд намекунад.

Шоҳиён Зариф дар вилояти Хатлон одамони боқувват доштаст. Дар бисёр маъракаҳо Шоҳиён Зариф мегӯяд, ки любой раиси Тоҷикистонро фалон мекунам. Беҳад аз ҳад гузаронидагӣ. Мақомот бояд як бор ӯро тафтиш кунанд.

Арақҳои магазини Балаҷонро генерал Хушвақт аз Шаҳринав роҳӣ мекунад, бепул. Заводи арақи Шаҳринав доля медиҳад ба генерал. Хоҳари Балаҷон зани генерал буд. Аз рӯи ҳамин Балаҷон панҷ бачаи нокора дорад. Аз рӯи арақи генерал Хушбахт Машрабзода соҳиби се хона дар Душанбе, се магазин дар ноҳияи Панҷ ва як замини калон аз пеши фермаи колхози Маданият то пеши роҳи калони мошингард замини обиро бо ёрдами Шоҳиён Зарифҳангоми ҳокими Панҷ буд харид.

Генерал Хушбахт Машрабзода кришаи ноҳияи Панҷ, колхози Маданият (деҳаи Озодагон)дар наздики хонаи падараш сехи дару тиреза ва сехи печенипазӣ дорад. Номи ин сехҳо Попловок ё Шаршара мегуфтанд. Генерал ин сехҳоро як нима карду барои худаш ҷои истироҳат сохт ва бе пул ин сехҳоро ҳам генерал соҳиб шуд.

Генерал аз мақому вазифааш истифода бурда ба прокурори Панҷ фармон медиҳад, ки Балаҷони арақфурӯшро ягон кас мерасад, аз Душанбе то ба Панҷ любой касро фалон мекунам.

Генерал аз вазифааш истифода бурда замини сехи дару тирезаро бепул документ карда гирифт. Генерал як қисми калони замини гаражи колхозиро бепул гирифту ба номи додараш гузаронд. Дар ҳоли ҳозир дар ҳамин замин заправкаи соляркаву бензин сохтанд.

Ба наздикӣ бачаи акои генералро як мошин зад ва бачаи акааш маст буд, мурд. Дар мобайни роҳи калони мошингард буд. Генерал омад аз вазифа истифода бурда ёрдамчии суди Панҷро фарёд карда гуфт ронандаро ҷазои сахт диҳед, турма кунед. Баъд дар тюрма худам ба он ронанада расидагӣ мекунам.

Аз мақомоти болоии Тоҷикистон хоҳиш мекунам генерал Хушвақт Машрабзода, Шоҳиё Зариф, Кенҷаев Хайриниссо, раиси пештараи ҷамоати Озодагон ва Балаҷони арақфурӯши ноҳияи Панҷро тафтиш кунанд. Ин шахсони хунхури миллат аз ноҳияи Панҷ ҳастанд. Ҳамаи ин шахсон зодаи деҳаи Озодагон (колхози Маданияти пешина)-и ноҳияи Панҷ мебошанд:

Генерал Хушбахт Машрабзода Имомович,

Раиси  пешиниаи Панҷ Шоҳиён Зариф Фақерович,

Раиси ҷамоат Кенҷаева Хайриниссо Ғуломовна,

арақфуруш Саидов Балаҷон.

Қабодиён

Ассалому алейкум бародари мубориз Муҳаммадиқбол! Ман як корманди горсвети ноҳияи Қубодиён мебошад. Эмомалӣ гуё барои дуздони брақ қонунро сахт кард ва ҳоло муда шудааст, ки мегуянд ана инро дастгир кардем, ана онро дастгир кардем. Аммо ман мепурсам, ки барқдузи асосӣ ин мансабдорон ва хешу ақрабоҳи худи Раҳмонованд.

Хешу табори  худаш барқро медузд аммо дастгир намекунад вале инҷо ҳам як, ду камбағалро дастгир мекунад, дигар тамом. Дар ноҳияи мо барқдузди асосӣ хусурбачааш аст. Зиёратшои хусурбачааш  раиси бозори Қубодиён ду заправка  дорад, ки ҳардуяш ҳам пули барқро намедиҳад. Ҳардуи ин заправка хати алоҳида барқ дорад аз красний линия гузаронидагӣ аст. Вақтҳое ҳама ҷо лимит аст ин заправкаҳо кор мекунанд. Эй, Эмомалии шайтон «чиба мардума худут фреб мекуниву боз мегуй, ки баватан содиқона хизмат кунед. Ой гури Марям ғрапғрап дар бигира, ки чиба ин Зиёратшора дастгир намекунӣ? Боз мегуӣ, ки касе  пули барқа наметия ё ки барқ медузда дар назди қонун ҷавоб метиян».

Як рӯз кормандони барқ аз Қурғонтеппа омада барқдуздиашро қапиданд. Маълум шуд, ки пули светро ҳам намедодааст. Омаданд проверкааш карданд. Маълум шуд, ки чандин сол шудааст, ки пули барқро надодааст. Коргарони барқ чанд соат истоданд, аммо раис домодаш аст. Як бор пешашон наомад вале баъд омаду ба сарашон зӯрӣ кард. Ҳамроҳи онҳо як духтар буд, он духтарро ҳақорат кард ва гуфт, ки «чува нопурсида ай ман ё ки ман нестум барқи мана буридӣ? Ба тарафаш гуфт, ки барқа бра пайваст кун, пайваст накард духтар». Муддате пас ин коргарони барқ ҳам рафтан. Баъд пагоҳаш омаданду барқи буридаашонро пайваст карданду корашонро давом доданд.

Ман санҷида баромадам, ки пули барқро аз соли 2021 надодааст. Ҳоло он солҳои куҳнааш тамоман одагӣ набудааст. Бовар кунед бародар инҳо ҳам бюҷети давлатро медузданд ва ҳам пули барқро намедиҳанд. Инҳо худашон пули арқро намедиҳанд вале бори мардуми бечора ва камбағал мекунанд. Бори мардуми бечора мекунанд, ки гуё мардум пули барқро намедиҳанд ё ки мардум аз  барқ қарздоранд.

Инҳо ба ҷомеа зарари калон мерасонанд. Боз вақте кормандони барқ ба амнияти ноҳия, милиса ва хонаҳои кормандони он мераванд мегуянд, ки «мо фалон одамем, чи мора нашнохтӣ, пули барқ  нестай бра ай иҷа». Бечораи пулчинак аз тарс дигар пас мегардад. Коргарони прокуратура ва кормандони суд ҳам пули светро намедиҳанд. Началникҳо ягонтоашон пули светро намедиҳанд. Аз ҳамин мақомот ягон- ягон нафарашон медиҳанду тамом. Баъд мардуми камбағалу бечора дар бало, ки ту пули барқро намедиҳӣ. Раиси горсвет агар дар як рӯз 50 ё 70 ҳазор сомонӣ ҷамъ намоем нисфашро ба давлат месупораду, нисфи дигарашро дар кисааш мезанад. Боз як рӯз руирост гуфт, ки ман ин вазифаро харидагиам, о пули калон, ман бояд ин пулро кор кунам.

Эй, Эмомалӣ Раҳмонов ин дуздҳоро чаро дастгир намекунӣ, охир инҳо пули давлатро дуздида истодаанд ва бюҷети давлатро хароб мекунанд.

Дар ноҳияи мо қариб 20 корхона амал мекард. Ҳозир ягонтои онҳо фаъол нестанд. Чунки ҳамаи онҳо таҷҳизоташонро фурӯхтанд.

Як рӯз ба яке аз коргарони як корхона гап задам. Бечора сахт нолид. Гуфт, ки дар ду рӯз даромадаш аз 100 ҳазор сомонӣ кам нест. Вале мегуяд, ки як домод дорад бо номи Басир дар расходаш якмоҳаро менависад 15 ҳазор сомонӣ. Вале ба мо, ҳамаи коргарҳо продукта мехарад, ақалан ба се ҳазор ҳам не. На хуроки соз медиҳад ва на сарулибоси дуруст. Мо маҷбурем аз хонаҳоямон оварда инҷо бихурем. Пули барои хуроки пагоҳӣ медиҳад 30 сомонӣ барои се нафар, намерасадамон. Маҷбур мешавем, ки аз касса гирему ягон чи харем биёрем. Аммо вақти қабул кардан 100 сомонӣ агар кам барояд, тамом, дигар дар номамон сраза менависад. Мо худамон дар як моҳ 2400 сомонӣ мегирем.

Боз дар охири моҳ вақте ойлик мегирем қарздор мешавем мегуяд. Гуфтамаш бас кун ин коррову бирав ягонҷои дигар. Мегуяд, ки бародар дигар чи кор кунем, кор нест, маҷбурем. Аммо худи Басир меравад ресторанҳо гушти гуспанд ё гушти гов мехурад ҳамроҳ бо ҷураҳояш, албата аз пули хурокаи мо. Барои мо дар қисми хароҷот дар як моҳ менависад, ки 15 ҳазор сомонӣ. Аммо н пулро мегираду ё хона рост мекунад ё аспҳои гаронбаҳо мехарад меравад човандозӣ. Бовар кунед, ки ягон раҳм надорад.

Конибодом

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз Конибодом менависам. Ба Оҷонси мубориза бо коррупсия як номаи маълумотдори таъсирбахши тоза дорам равон мекунам. Ягона «плошадкаи» озод ва бехатар ин пойгоҳи мардумии «Ислоҳ» мебошад. Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ин ёру ёвари мардуми тоҷик шудааст. Бидуни сухани зиёд мегузарем ба асли гап.

Яке аз бузургтарин коррупсионерҳои беимони сарсахт аз командаи Абдусалом Тухтасинзода-Пешвои муаззами Конибодом, собиқ Раиси шаҳри Конибодом доктор Шарипов главврач дар психболнитса мебошад.

Сари ҳар сол дар моҳҳои май аз баччаҳо барои военный билет дар вақти «ОБЛАВА» маблағ мегирад, ҳудуди 1500 — 2000 сомонӣ сари ҳар бача мегирад.

Шарипов худаш мегуяд:- «ҳамаш сад, вай ман доляша метиям бачаҳакоя»

Гарчанде миллаташ узбек аст бачаҳои узбекзабонро хеле азият мекунад. Гарчанде фарқ надорад барояш сумро аз кадом миллат гирифтан. Вале ҳақиқат ҳамин тавр аст. Аз бачаҳо мепурсад, ту аз фалон ҷоӣ, ту аз болои канал-мӣ? Ва ғайра.

Феълан доляро ба мақомоти ҳукумати Конибодому прокуратура медиҳад. Мегуфта бошӣ, ки ин шахс духтур несту аз соҳибкорони «ватандуст» буда бошад.

Хеле шахси беимон ва ранги мор «холоднокровни» мебошад.

Он пулҳои аз фарзандони мардум гирифтаашро бо военкоми ноҳия тақсим мекунад.Феълан раиси нави ноҳия аз помошникҳои раиси вилоят ҳазрати Қофлонбой мебошад.

Ба Оҷонсии зидди коррупсияи Душанбе хоҳиши мардумро расонида гуфтаниам, ки ин одамро ба пенсия ё ба Кирпичний, хуллас аз назди мардум дураш кунед. Вагарна худатон шармандатар ва расвотар мешавед. На бачаҳакои коррупсияи ноҳия на вилоятӣ ин корро намекунанд, вале шумо кунед.

Бо истифода аз фурсат мехостам яке аз чизҳои муҳимро, ки ман шахсан аҳамият додам ин аст ки дар моҳи ноябри 2024 вақте Рахмонов ба вилоят яку як бора омада бидуни рақсу ҷумбон ҷумбонхои ҳазрати Қофлонбой Раҳмонов рост ба ноҳияҳои Ғафуров, Чкаловск ва Хуҷанд рафта аз соҳибкорҳои «ватандуст» дидан кард ба ҳайси откривашка вале ба Конибодом наомад ва соҳибкорҳои Конибодом бидуни Раҳмонов объектҳоро кушоданд ва раҳмату сипосро через ҳамон телевизион ба пешвояшон расониданд.

Хеле тааҷҷубовар аст аммо…

Пас, аз ин қадар кушторҳо таҷовузҳо ва ба нисбаташ ин қадар дуоҳои бади мардум,Раҳмонов барояш хулосаашро баровардааст, ки ӯ пешвои конибодомиҳо набудааст…

Дар бораи раиси нави Конибодом бештар маълумотҳоро дар номаҳои оянда менависам то ки ин нома ба дарозо наравад бародар Муҳаммадиқбол…

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Дар яке аз барномаҳои «Минбари муҳоҷир» шумо аз он гуфтед, ки Сулаймон Қаюмов, қотили шаҳид Умаралӣ Қувватовро аз Туркия ба Душанбе оварданд ва ҳоло дар СИЗО қарор дорад. Шумо хуб медонед, ки Сулаймон Қувватов дар Туркия маҳкум ба ҳукми абад шуда буд. Вай моҳи феврал барои куштори раиси Гурӯҳи 24-шаҳид Умаралӣ Қувватов сазовори ин ҳукм шуда буд ва вақте аз Додгоҳи олии Туркия хост ҳукмашро бозбинӣ кунад, додгоҳ бетағйир боқӣ монд. Сулаймон Қаюмов-зодаи ноҳияи Восеъи вилояти собиқи Кӯлоб  аст. Ман ӯро мешинохтам

Додгоҳи Истанбул Қаюмовро гумонбари асосӣ ҳисобида гуфта буд, ки ду нафари ҳамроҳи ҷинояти вай фирор кардаанд.

Ҳамон вақтҳо овоза шуда буд, ки ҳамроҳони Сулаймон Қаюмов чанд нафар милиса буд, ки дар куштори шаҳид Умаралӣ Қувватов ширкат кардаанд ва ин милисаҳо ҳатто номашон ҳам дар матбуот аз ҷумла дар ҳамин «Ислоҳ» зикр шуда буд. Ва ман ҳоло, пеш аз онки назарамро дар ин бора гуям як қисмати навиштаи Ислоҳро дар ин бора инҷо меоварам, ки дар он номи ин нафарон зикр шудааст:

«1.) Сардори гурӯҳ собиқ сардори милисаи фурудгоҳи ш. Душанбе Исозода Набиҷони Исо фамилияи пешинааш (Грезов Набиҷон Исоевич) соли таваллудаш 07.06.1977  зодаи н.Восеъ. Айни ҳол дар ш. Душанбе истиқомат мекунад.

2.) Маҳмадализода Баҳодур фамилияи пешинааш (Абдусамадов Баҳодур) соли таваллудаш 1979 зодаи ш. Бохтар (Қӯргонтеппа) собиқ сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноятии  фурудгоҳи ш. Душанбе

3.) Суҳроб ном дорад дар бораи ин маълумот камтар аст дар ВКД кор мекардаст. Аз гуфтаҳояшон одами Умаралиро парондагӣ (қотил)ҳамин аст.

4.) шахсе аст,ки исму насабаш маълум нест.Вале 100% корманди вазорати корҳои дохилӣ мебошад ва тибқи маълумотҳои дигари Ислоҳ ӯ зан аст.

Ин 4 нафар соли 2015 4-моҳ зиёдтар дар Туркия ба сар бурдаанд. Дар он ҷо аввал ҳаракат карданд Умаралӣ Қувватовро бо аҳли оилааш заҳр дода ба қатл расонанд. Аммо заҳр қувваташ (дозаш) паст будааст ва онҳо намурданд. Баъд онҳо диданд, ки планашон иҷро нашуд худи Умаралӣ Қувватовро дар берун паронда аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд. Сулаймон Қаюмовро полиси Туркия дастгир мекунад, дигарҳо мегурезанд ба Тоҷикистон. Инҷо гумон меравад,ки  «маслиҳат» бо бархе «мақомот»и Туркия буд ва агарна ҳамаашонро дастгир мекарданд. Баъд аз он ки аз Туркия баргаштанд ба қотилҳо  вазифаҳои баланд доданд.

Исозода Набиҷон аз сардори милитсияи фурудгоҳ ба сардори Раёсати кофтукои ҷиноятии  ВКД таъин шуд.Айни ҳол И.Набиҷон бо вазир соз нест барои ҳамин рутбаашро паст карданд ва ба шӯъбаи шаҳрии милитсияи Бохтар собиқ (Қӯргонтеппа) «перевод» шудааст.

Маҳмадализода Баҳодур аз сардори шӯъбаи кофтукоби ҷиноии фурудгоҳ ба сардори шӯъбаи  Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноятии ВКД таъин шуд. Айни ҳол М.Баҳодур аз вазифа озод карда шудааст ва дар федерасияи Русия дар муҳоҷират аст. Дар бораи Сӯҳроб ягон маълумот нест»

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар ҳақиқат ба ин навиштаи шумо сахт бовар кардам,ки дар кори куштори Умаралӣ Қувватов кадом гуруҳи мақомоти Туркия ё шариканд ва ё мусоидат кардаанд, ки дар радаҳои болои ҳукумати Урдуғонанд. Вагарна чи тавр як нафар,ки ҳукми абад гирифтааст,баъди чанд соле раҳо ва ба ватанаш истирдод мешавад.Ман мутмаинам, ки барои пас овардани Сулаймон Қаюмов ҳатман миёни Тоҷикистон ва Туркия кадом муомилае сурат гирифтааст.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №251         появились сначала на ISLOH.net.

Кӣ ва чаро Искандари Хатлониро террор кард?
Имрӯз дар Душанбе, пойтахти ватанамон аз Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил ба амал меоваранд ва ҷаласа доир мешаваду ҷоизаву инъомҳо медиҳанд. Вале, яқин аст ки аз ҳамкасбони зиндониашон ёдовар намешаванд. Ва, аз онҳое ҳам, ки ёдоварӣ аз онҳо ҳам қарзу ҳам масъулияти касбиашон аст, ба мисли Искандари Хатлонӣ, ки 25 соли қабл дар Маскав ҳадафи террор қарор гирифт, гумон аст ки зикри ном кунанд.

Мо ғурбату мусофирату муборизаро ба ҷон харидем, то бо ифшои ин гуна ҳақиқатҳо чеҳраи воқеии ин режими зиддимардумиро намоёнтар кунем.

Дебочаи матлаб

Баъд аз 25 сол, чаҳоряк аср асрори куштори даҳшатовари журналист ва шоири хушном дар қаламрави форсӣ-Искандари Хатлонӣ аз забони як нафаре, ки он солҳо дар Маскав кору зиндагӣ мекард, ошкор мешавад.

То кунун асрори ин фоҷеа ба мисли кургиреҳ ва номаи сарбамуҳр боз нашуда боқӣ монда буд. Тафтишоти Русия аслан ҳеҷ коре накард, балки эътино ва эътибор надод, ки Искандари Хатлонӣ чи шахсияте буд ва чаро ҳадафи як чунин террори ваҳшиёна қарор гирифт. Барои онҳо ҳамин кофӣ буд, ки Искандар дар як расонаи амрикоӣ кор мекард ва гуфтанд, ки «Прокуратурой Москвы возбуждено уголовное дело. Основная версия — профессиональная деятельность журналиста. Пока следствие не дало никаких результатов».

На танҳо он вақт, ҳамин ҳоло ҳам, ки ин ҳама сол аз он фоҷиа мегузарад: «никаких результатов»

Аммо, ҳақиқат дер ё зуд рӯ мезанад. Рӯ задани ҳақиқат аст ки умри кизбу дуруғ кутоҳ мешавад. Беҷиҳат умри дуруғ кутоҳ ва ростиро заволе нест намегуянд. Искандарро бо табар куштанд. Аммо киҳо ва чаро куштанд? Барои онки то посухи ин саволҳо пеш биравем, месазад дар ибтидо дар бораи худи Искандар бигуем.

Искандари Хатлонӣ кӣ буд?

Замоне Искандари Хатлонӣ кушта шуд, ки дар бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» дар Маскав фаъолият мекард. Гузоришу хабару маводи таҳлилӣ, ки аз Искандар нашру пахш мешуд, аз руйдодҳои Тоҷикистони ҷангзада, аз раванди сулҳи тоҷикон, аз татбиқи банду модаҳои муоҳадаи сулҳ, аз вазъу ҳоли мардуми бенаво ва бедодии ҳукумату боевикҳову сарвайронҳо ва аз террору куштори шахсиятҳо ҳикоят мекарданд. Тасвиру бозтоби ин ҳавлу ҳол дар расонаи ҷаҳонӣ, табъан, ки ба завқу табъи сардамдорони режим хуш намеомад. Зеро онҳо мавриди мазаммат ва интиқоди навиштаҳои Искандар қарор мегирифтанд.

Искандари Хатлонӣ аз зумраи равшанфикроне буд, ки аз рӯзҳои аввали омадан ба арсаи адабиёту журналистика дили бедор дошт ва бо низоми ҳокими худкома руҳан мухолиф буд. Вай як зиёии бедор ва ҳамсангари мардуми бедор ва ҳамроҳи ислоҳотхоҳони ватан буд.

Чи дар солҳое, ки дар ВВС ва чи дар солҳое, ки дар «Озодӣ» кор кардааст, ҳамин руҳия ва ҳамин масирро идома додааст. Ва дар навиштаҳояш режими имрӯзаро  ба таври ҷиддӣ мезаду мекуфт. То замони сокит кардани садояш дар сентябри соли 2000 кораш ҳамин тавр пеш мерафт.

Искандари Хатлонӣ ҳамчуноне тазаккур додем яке аз мухолифони низоми пусида ва тоталитарии комунистӣ буд. Ҳеҷ гоҳ чунин мавқеъу мавзеъи худро пинҳон намекард ва табиист, ки зоидаву сохтаи ин низом- Фронти халқӣ ва дастнишондаи вай- Раҳмоновро чашми дид ва руи хуш надошт. Қабул накарда буд ва намекард. Мисли бархеҳо гирифтори дарди маҳал набуд ва аз онки ҳамшаҳриҳояш қудратро гирифта буданд, хушнуд набуд, чун кулобиҳое ҳукуматро гирифта буданд, ки бадтар аз хуҷандиҳои вобаставу бардаи Кремлин буданд. Вай на аз он ҷиҳат, ки ҳукумат дар дасти хоҷагони хуҷандӣ, онгуна, ки бархе дардашон ва азобашон ҳамин буд, аз он ҷиҳат, ки фарҳангу оину ахлоқу сиёсату давлати бегона болои ин миллат ва ин мардум омада буд, нороҳат буд. Вай аз онки тамоми масофу муборизаи пинҳону ошкорои зиёиёну огаҳони миллат бар боди фано рафт ва ҳукумат боз аз тарафи Кремл мудирият мешавад, шадидан норозӣ буд. Искандар дар шумори маъдуд рушанфикроне буд, ки миллат, давлат ва ватанро аз бунёду реша ва яклухт дӯст медошт. Он тарафи ағба ва ин тарафи ағба, тоҷикони асил ва муғулҳо намегуфт. 100дар 100зидди Раҳмонов буд. Чун ин ҳукумати арусак ва лухтакро дар шароите, ки ҳама ҷамоҳири ҷудошуда аз Кремл, масалан Қирғизистон, масалан Гурҷистон масалан Озарбойҷон, масалан Туркманистон дар талоши тай кардани роҳу равиши худ буданд, батамом ва билкулл бар итоат ва қабзаи Маскав қарор дошт, наметавонист таҳаммул кунад.

Онҳое омада буданд, ки дар айни соҳиби давлату ватани мустақил шудани дигарҳо ба «рублевий зона» даромаданд, сарҳадоти кишварро ба марзбонони русӣ ва амнияти давлатро бо пойгоҳи 201 доданд ва бадтар аз инҳо бо дасти ҳамин неруҳо ва ба рағми барномаву нақшаву ниятҳои неруҳои озодихоҳу миллӣ ва мардумии навзуҳур ними Кулобу ними Ғарму кулли Помиру ними Хуҷанду Ҳисорро душман хонданд ва онҳоро ночор ба тарки ватан карданд.

Онҳое фирориву овора шуданд, ки ҳамаашон дӯстону рафиқону ҳамнишинону ҳамандешон, хулоса ҳамраҳони ҷисмониву руҳонии Искандар буданд.

Искандари Хатлонӣ дар августи соли 2000 дар Маскав маҳфили гиромидошт ё шаби ёдбуди Лоиқро ташкил кард. Лоиқе, ки бо омадани ҳукумати дастнишондаи русҳо тарки Душанбе кард. Муъмин Қаноат гуреза шуд, Тоҳири Абдуҷаббор гуреза шуд. Гулрухсор кам монда буд, ки бо дастони афроде аз хайли лангариҳо кушта бишавад, Бозорро ин ҳукумат «турма» кард, хуллас, Искандар ҳамроҳ бо ҳамин гурӯҳи афрод ва бо неруҳои таҷаддуд ва ислоҳотхоҳи миллат буд.

Искандар дар ташкили созмони «Ру ба ру» ва дар ташкили ҳаракати мардумии «Растохез» аз пештозону пешгомон буд. Ин созмону ин ҳаракатҳоро ҳукумати вақт ва Раҳмонову режими вай хуш надоштанд ва то ба ҳоло хуш надоранд. Чунки инҳо демократия ва озодӣ мехостанд.

Искандар бо он таҷрибаи сиёсӣ, ки дар Афғонистон ҳосил карда буд (мушовири тарҷумони раиси ҷумҳури Афғонистон ва устоди донишгоҳ дар Кобул) шинохти амиқ ва бештар аз ҳодисот ва паёмади он дошт ва медонист, ки бо дигарбора дар асорати Кремлин бурдани давлату миллат ҳама ормону нақшаҳои бунёди давлати мустақилу миллиро аз байн мебаранд. Барои ҳамин Искандар бо ин ҳукумати ҳамшаҳриҳояш проблема дошт, проблемаи бисёр ҳам сангину хатарнок, барои ҳамин Искандар бадашон медид, барои ҳамин Искандарро куштанд…

Ҳодисаи қатли Искандар

Искандари Хатлонӣ 20 сентябри соли 2000, баъди як моҳи баргузории шаби ёдбуди шодравон Лоиқ Шералӣ ва дар соли аввали ба курсии раёсати ҷумҳурӣ нишастани Владимир Путин дар манзили зисташ бо шеваи қуруни вустоӣ ба қатл расонида шуд. Аксарияти хабаргузориҳои русӣ он замон навишта буданд, ки «Искандар Хатлони был убит 20 сентября 2000 года в Москве  в результате нападения неустановленного лица». Ва навишта буданд, ки «случайные прохожие обнаружили истекающего кровью журналиста на Онежской улице около дома номер 2, где он снимал квартиру. Машина «скорой помощи» доставила И. Хатлони в Боткинскую больницу, где 20 сентября 2000 г, несмотря на все усилия врачей, он скончался от тяжелой черепно-мозговой травмы».

Прокуратураи Маскав ангеза ва сабаби куштори Искандари Хатлониро    «профессиональная деятельность» донист. Аммо тафтишотро ба охир нарасонд, ки бисёр ҳам шубҳаовар аст. Агар Маскав мехост қазияро ошкор мекард, вале чи сабабе шуд ва ё чи авомиле сар зад, ки тафтишот муаллақ гузошта шуд?

Мо, пештар гуфтем, ки навиштаҳои Искандар барои режими Душанбе ташвишовар, нороҳаткунанда ва нофорам буд.

«Профессиональная деятельность»-фаъолияти касбӣ арзёбӣ кардани мотиви куштор аз тарафи додситонии Маскав беҷиҳат нест. Вале, додситонии Маскав нагуфт, ки ин фаъолияти касбӣ киро нороҳату безобита ва ошуфтаву ноором  кард, ки дар қасди ҷони вай баромад?

Ин версия дар оғози ифтитоҳи кори ҷиноӣ, ки ҳануз ба тафтишот таъсире аз берун ва дарун нашуда буд, садо дода буд, вале баъдан ин масъаларо ҳам покиза фаромуш карданд.

Ҷузъиёти қатли ваҳшиёнаи Искандари Хатлонӣ

Ва ҳоло ҳикояти асрори ҳодисаи қатли ваҳшатноки Искандари Хатлонӣ, ки баъди биступанҷ сол аз забони як нафар, ки ҳам бо Искандар наздикӣ ва ҳам бо қотилони вай ошноӣ доштро бароятон пешкаш мекунем.

Вай гуфт, ки баробар бо расидани хабар бо суръати ҳарчи тамом худро ба маҳалли зисти Искандар расонд.

Онҷо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, милиса, ФСБ ва прокуратура коргарони зиёд омада буданд. Вориди манзили иҷораи Искандар мешавад. Даруни лифт хун, деворҳои даруну беруни долон-коридор ва ошхона пур аз хун. Пайи панҷаҳои хунолуди Искандар дар даруни лифт ва девори дари хона нақш баста буд.

Ҷангҷол дар даруни ошхона сурат мегирад. Маълум набуд, ки кадом хархашае буд ё не, аммо аз онки лаккаҳои хун дар фарши ошхона ва болои мизи ғизо ҳам шах шуда буд, тафтишот ҳамин тавр натиҷа мегирад.

Искандар аз дар, аз пушти онҳо мебарояд ва ё мехост, ки зуд ба духтурхона биравад, аммо дар даруни лифт аз мадор меравад, чун хуни зиёд рехта буд ва дигар аз онҷо барнамехезад, ҷон аз қолибаш тиҳӣ мешавад. Дигар Искандар тавони ба хиёбон ва ҳатто саҳни ҳавлӣ баромаданро аз даст дода буд. Вай дар лифт ҷон бохт ва мошини «Ёрии таъҷилӣ», ки баъди дарёфти хабар ӯро ба бемористони Боткино мерасонад, фақат вазифаашро иҷро карда буд.

Тафтишот мегуяд, ки ин кор кори дасти тоҷикҳо, балки ҳамшаҳриҳои худи Искандар аст.

Ба таъйиди тафтишот Искандар қотил ва ё қотилони худро мешинохтааст ва онҳоро худаш вориди манзили зисташ мекунад. Ҳатто тафтишот ин эҳтимолро ҳам рад намекунад, ки онҳо ё бо даъвати Искандар омадаанд ва ё инки худашон пешакӣ Искандарро огоҳ кардаанд, ки ба назди вай меоянд.

Онҳо дар матбах мешинанд. Матбах танг ва онҷо панҷ –шаш стул ва як столи пур аз хуроку хурданиҳо. Дар кухни нишаста будаанд. Аз руи зарфу ҳолати болои мизи таом панҷ-шаш нафар буданд, мумкин чор нафар.

Аммо ин хурокҳоро мисле, ки бо ҳам омода кардаанд. Қотилон ва худи Искандар.

Ҳодисаи куштор баъди сарфи таом ва нишастану хурдан ба амал омадааст. Искандарро дар охирин лаҳзаҳо вақти баромадан аз хона мезананд.

Як нафар аз онҳое, ки ҷасадро муоинаи криминалӣ мекард, гуфт, ки чунин шеваи куштор хоси рус ва ё урупоӣ, ҳатто агар он киллер ҳам бошанд, нест. Ин куштор аз як тараф бисёр ваҳшиёна аст, аз тарафи дигар киллер ин тавр фурҷаи зиёд надорад, як тир мезанаду халос мешавад, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад, инҷо ин корро онҳое кардагианд, ки аз ҳайвони дарранда ҳам бадтаранд, чунки бо табар зада -зада куштаанд, бо табари ошхона-кухонний тапор. Ва, ин корро ба ҷуз аз тоҷикҳо ва он ҳам тоҷике, ки қабл аз ин ҳам бо корду табар одам куштааст, каси дигар намекунад:

«Ва ба гуфти худашон «а…т» карданд. Ин тарзи кушторро гуфтанд ягон урупоӣ ё рус намекунад. Ин корро қатъан, исключително «азият –осиёӣ» тоҷик кардагӣ аст. Ягон урус ё урупоӣ одамро бо ин бераҳмӣ- табаршап намекунад, ин тавр намекушад. Ва агар мекушт як тир дар пешониаш мезад. Туфанги бесадо пур ва дастрас буд. Ин корро тоҷикҳои худатон кардагианд.

Ва, далели дигар ин аст ки онҳо шиносҳои худи мақтуланд, ба ҳайси меҳмон нишастаанд. Чунки дастурхони орододаи болои миз баёнгари ҳол аст.

Дару тирезаҳои манзил ва аз ҷумла ошхона ҳамааш дар ҷояш. Нишонаи ҳарбу зарбу ҷангу пархош нест. Муқовимат ҳам нест.

Безпошадно-бисёр ҳам ваҳшиёна ва ба таври ҷаллодона, нафаре, ки таҷриба дорад, дасташ намеларзад, хато намекунад, куштаанд. Чашмаш ҳам психический омода аст. Куштани инсон ба ин шаклу шева бисёр ҳам сахт аст. «Дар сараш се табар задаанд». Худатон қазоват кунед дигар.

Ин ноҷавонмардони аҷиршуда нону намакашро хурданд, аз сари дастурхонаш баланд шуданд ва бо он табарчае, ки чанд соат пеш гушт реза карда ва пухтаву хурда буданд, бар фарқи сараш заданд.

Искандарро кӣ кушт?

Нафаре, ки ин ҳикоятро нақл кард, бо итминон мегуяд, ки паси ин кор нафарони раддаи аввали ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд ва иҷрои ин корро ба души Бахтиёр Лангариев онҳо вогузор карда буданд, ки он шабурӯзҳо дар Маскав ба сар мебурд.

Искандари Хатлонӣ бо Бег Сабур рафтуомад дошт. Искандар Лангариевҳоро, ба эҳтимоли зиёд дар ватан мешинохт. Бо онҳо равуо дошт ё не, барои мо номаълум боқӣ мемонад. Аммо як вақт, дар яке аз магазинҳои Бег Сабур дар Маскав бо онҳо рубару мешавад. Лангариев ва ҳамроҳонаш як рӯз тарафи бегаҳ меоянд ба магазини Бег Сабур ва ҷангҷол ба роҳ меандозан, чун кадоме аз шарикони бизнеси Бег, ки бо Искандар низ дустӣ доштаву аз як вилоят будаанд онҳоро аҷир карда будааст. Ду яхдони шишагии «продуктовий»-ро, ки дар раста-витрина насб ва ҷогузорӣ шуда буд зада шикастанд. Худи Бег Сабурро ҳам хеле сахт шатакаш кардаву гушмолаш доданд. Бег Сабур онҷо ҳиҷ даст барнадошт, муқобилият ҳам накард.

Аммо Бег Сабур ба яке аз наздиконаш мегуяд, ки «инҳо барои ҳукумат кор карда истодаанд ва корҳои бадтаре дар инҷо хоҳанд кард».

Бинобар як маълумот он солҳо Бахтиёр дар кадом омузишгоҳ ва ё Академияи низомии Русия барои таҳсил омада будааст. Он вақтҳо чунин овозаҳое низ паҳн шуда буд, ки гуё Бахтиёр Лангариев бо ҳукумат кадом проблемае кардаасту аз Тоҷикистон баромадааст.

Ба дасти Искандари Хатлонӣ баъзе асноде расида будааст, ки барои Раҳмонов бисёр ҳам хатарнок ба ҳисоб мерафтанд. Гуё дар бораи қатли шахсиятҳо-Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов ва Муҳаммад Осимӣ. Гап дар он бора будааст, ки кадоме аз  Лангариевҳо дар яке аз ин ҳаводис шариканд.

Гуфта мешавад, ки ин хабар тавассути Бег Сабур ба ҳукумат расида будааст, ки Искандар ҳамчунин асноде дар ихтиёр дорад ва ин аснод тавассути кадоме аз кормандони дар ҳамон замон баландпояи Прокуратураи генералӣ расида будааст.

Искандар, гуиё барои ин аснод, ки дар садади ошкор кардани онҳо будааст, боз аз бархе аз одамҳо маълумот ҷамъоварӣ мекардааст, ки Бег бохабар ва ба ҳукумат хабар медиҳад.

Он замон Искандар роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Ичкерия-Чеченистон низ ба кадом гуруҳҳои ҳуқуқибашарӣ кор мекардааст, дар кадом проект.

Тафтишот ба магазинҳои Бег Сабур омада бо чанд нафар аз кормандони онҳо саволу ҷавоб карда буд. Бархеашонро даъват намуда ба прокуратура мебаранд.

Нафаре, ки ҳикоят кард гуфт, ки дар ҳамон шабурӯзҳо Лангарӣ ва одамонаш дар Маскав мезистанд. Ба ҷуз аз Лангариевҳо ва чанд нафари ҳамроҳонаш он вақт дар Маскав аз гурӯҳҳои ҷиноии тоҷикӣ ҳузур надошт.

Ҳайратовар инҷост, ки баъди бозгашт аз Маскав Бахтиёр Лангариев яку якбора повишений меравад ва дигар барои онҳо дар Тоҷикистон зеленний светофор мешавад.  Ва ӯ сардори Раёсати минтақавии мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорати дохила таъин мешавад.

Ва, аммо Бахтиёр Лангариев на фақат дар он соли куштори Искандари Хатлонӣ бо Раҳмонов муносибати нохуш дошт. Вай соли 2008, вақте хонаи падариаш дар Кулоб бо штурм гирифта ва бародараш Суҳроб Лангариев дастгир ва сипас барои ҳабси абад равона ба зиндон шуд, фирор карда буд. Суҳроб Лангариев домоди Сангак Сафаров буд. Баъдтар ин сарусадоҳо ҳам, паҳн ва баланд шуда буд, ки Бахтиёр Лангариев бо марҳум Умаралӣ Қувватов ва «Гуруҳи24»-и вай, ки сарнагунии ҳукумати Раҳмоновро ҳадафи худ эълон карда буд, пайвастааст. Аз инҷо буд, ки Бахтиёр Лангариевро соли 2015, баъди 7соли гурезагӣ ва бедаракӣ ба Тоҷикистон оварданд. Дурусттараш ӯро баъди музокироти тулонӣ бо дастури Раҳмонов оварданд. Чунки Раҳмонов аз ҳамроҳшавии Лангариев бо Гуруҳи 24 сахт тарсида буд. Бар изофа Раҳмонов ҳамон сол, аллакай нақшаи аз байн бурдани ҲНИТро руи даст дошт ва аз бими онки Лангариевҳо мабодо бо ҲНИТ напайвандад ӯро боз ҳам аз Русия овард. Марҳум Умаралӣ Қувватов дар яке аз суҳбатҳояш гуфта буд,ки ӯ бо Бахтиёр Лагариев суҳбат дошта аст вале ӯ узви ин гурӯҳ набудааст. Ин мталаб дар Тоҷ.нюс соли 2015 нашр шуда буд.

Ваъда ин буд, ки замминистри мудофиа мешавад. Вале баъди ду ё се моҳи овардани Бахтиёр ӯро сардори Раёсати ташкилӣ ва омодагии ҳарбӣ дар вазорати мудофиа таъин мекунанд. Мақомеро, ки то омадани вай бародараш Файзалӣ дар он ифои вазифа мекард.

Бинобар таъйиди ин нафар, ки ҳикояти ҷонсузи куштори Искандари Хатлониро кард, Бахтиёр хеле аз фармоишҳои махфӣ ва бисёр ҳам мудҳиши Раҳмоновро иҷро кардааст ва асрор зиёди ӯро медонад.

Ин нафар мегуяд, ки барои он болои ҳодисаи қатли Искандар сарпуш гузошта шуд, ки Искандар аз тараф бесоҳибӣ карда шуд, идорае, ки дар он кор мекард, радиои «Озодӣ» ҷиддан аз пайи тафтишот нашуд, аз тарафи дигар ҳукумати Тоҷикистон тамоми талошашро кард, ки парванда аз ҳаракат биуфтад.

Нафаре, ки ин ҳама маълумотро дар ихтиёри «Ислоҳ» қарор дод, ҳарфҳои дигаре ҳам зад. Гуфт шумо аз ин минбар ба чанд нафар муроҷиат намоед, аз ҷумла ба Саидамир Зуҳуров, ба Хайриддин Абдураҳимов, ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, чунки онҳо аз аксарияти қатлу кушторҳои он солҳо огоҳанд ва медонанд, ки дастурро кӣ доду кӣ ба иҷро расонд. Агар метарсанд ва ошкоро гуфта наметавонанд ҷиноятҳо ва қталҳои занҷиравии анҷомдодаи ӯро ба шакле сабт кунанду гузоранд ва ё ҷузъиёти он қатлҳоро навишта ҳар касе ӯро бовар мекунанду эътимод доранд диҳанд, то рӯзи «Х» ошкор шавад.

Ҳоло инҳо бубинанд, ки худашон дар чи вазъу ҳоланду Раҳмонову баччаҳову духтарҳову домодҳояш дар чи вазъу ҳоланд?

Аз ҳама шаковару ҳайратовар ин буд, ки давлати Тоҷикистон ҳеҷ даъвову талоше накард. На гурӯҳи корие ташкил кард ва на аз пайи тафтишу пурсиш шуд. Шаҳрванди вай, нафари одӣ не, хабарнигори як расонаи байналмилалӣ кушта шуд, кадом вокуниш накард. Бисёр ҳам шубҳавоар буд. Хомуш истод. Ҳеҷ расонаи расмии Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфт. Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳатто суроғ накард.

Ва, чуноне гуфтем, барои ошкор нашудани қатли Искандар ва ҷиноятҳои занҷираии дигари Раҳмонов Лангариев, ки гуё бо ҳукумат мушкил дошт баргашт ба Душанбе ва вазифаи калон дар ВКД гирифт. Албатта мо рӯйи ин қазия кор хоҳем кард, то ҳақиқат ошкор гардад вале ҳар нафаре дар ин қазия чизе медонад ба «Ислоҳ» нависед,то ин ҷиноят пӯшида ва нокушода намонад.

Сообщение Кӣ ва чаро Искандари Хатлониро террор кард? появились сначала на ISLOH.net.

Семейка news №12
Нашри ниҳоии маҷаллаи «Семейканюс» дар соли 2024 аст. Дар 12 моҳ 12 шумора нашр кардем. Бурду бохти маҷалларо беҳтар аст худи шумо баҳо бидиҳед. Аз онки аз шумора то шумора бинандаҳои бештар касб кард, метавонем бигуем,ки заҳматҳои мо барҳадар нарафтааст.

Ростӣ, ваъда дода наметавонем,ки барои соли оянда ҳам «Семейканюс» нашру пахш шавад, агарчи тамоми талошамонро хоҳем кард, то аз по науфтад, идома пайдо кунад. Аммо, чи ҷойи пинҳон кардан? Ба масоили мавриди назари барнома бо мушкил дастрасӣ пайдо мекунем. Тангдастӣ низ таъсири нохуби худро руи корҳои мо гузошта истодааст.

Инҷо, қабл аз шуруъи барнома лозим донистам, ки як-ду ҷумла бигуям, ки ба барномаи пешина ва баҳсҳои бархоста перомуни он дахл дорад.

Як нафари ба ҳама маълум аз мухолифини мухолифин маъракае бар зидди мо роҳандозӣ кард, ки «рӯзаки сиёҳ» буд. Мо аз Азизмои газетхонак гуфта будем, ки чи тавр дар роҳи Данғара бероҳа гардида дар истироҳат машғул шуд. Наздик ба 20 сол ин ҳодиса дар даруни нафаре, ки медонист хобидаву консерватсия шуда буд. Аммо яке дар як ҷойе гуфт ва дар ниҳоят пеши мо ҳам омад. Пеши мо омад, то ки ба ҳамагон расонида бишавад. Аммо ин як нафари ба ҳама маълум хесту дар нақши вакили дифоъ, адвокат ва сафедкунанда баромада аз Азизмои газетхонак пуштибонӣ кард. Рӯзаки сиёҳ. Вале агар ҳарфе ба он нақли шунавидаам изофа карда бошам, ҳарчизе мегуӣ бигу. Ончи гуфтанд навишта ва нашр кардам. Имкон надорад, ки дар ин масъала адвокати хуб буд. Чунки аз қиссаҳои муошиқати Азизмо хеле зиёд дар дастамон аст. ….

Хуб, ҳоло биёему бубинем, ки ин бор чи матлабу хабару маълумот аз ин семейка –Оилаи аз як кашар, аз як фермаи калон калонтари Раҳмонов зери даст дорем.

Як нафар аз муаллифони ҳамешагии мо баъд аз дуруду паём ба банда ва кулли муборизин ин навиштаро фиристодааст ва мо ҳам нахостем ба он тағйире ворид бишавад:

«И авлоди гышнаи гышнапышти гадо аҳ сер намешаван. Ширкати «Фароз» (аз они Шамсулло Соҳибов, домоди Раҳмонов, шавҳари Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир) заминҳои зиёдеро дар навоҳии вилояти Хатлон, минтақаи Қурғантеппа, яъне ноҳияҳои Ҷомӣ, Балхӣ ва дигар ноҳияҳо гирифта истодааст. Баъзе аз раисони ноҳияҳо ба Фароз замин надода истодаанд. Барои онки дигар нест заминҳои холӣ. Заминҳоро ба мардум барои деҳқонӣ додаанд, ки зиндагиашонро хуб кунанд. Фароз бошад ҷықидестай, ки ай мардум гирен тиен. Ҳатто қасами раисони ноҳияҳоро хурдааст Фароз, ки ай кор мегиремтону делатон мекнем гуфта. Аҷоиб. Бовар кнен устод ин Раҳмона Президентишам намондай. Кадомеша, ки фора ба сари мансабдорора зурӣ мекнан. Угрожат мекнан. Намедонан чи хел кор кнан раисону вазирон».

Фароз, ширкати ғулосое аст ки на фақат мо, дигарҳо низ борҳо дар бораи он навиштаанд. Ин ширкат аз они Шамсулло Соҳибов ва Рухшонаи Эмомалӣ, духтари Раҳмонов ва сафири Тоҷикистон дар Бритониёи кабир аст.

Чанд сол мешавад, ки Шамсулло тамоми системаи пулгузаронӣ дар кишварро ба дасти худ гирифтааст. Фармон баромад, ки аз август (соли 2022)пардохтҳо ғайринақдӣ амалӣ карда шавад. Шамсулло як қиёмат дастгоҳҳои пулгузаронӣ -апаратҳо харида овард. Ва аз номи Фароз гирифта %-и худашро монд. Он апаратҳоро якҷо бо Амонатбонк (пули бюҷет) харида  ҷобаҷо гузорӣ ё установит карданд.

Пули налог, свет, маош, лаборатория, тонировка дар ҳама Тоҷикистон дар як филиали Амонатбонк дар микрорайони 33 супорида мешуд. Аммо ин филиал дигар кор намекард ба ҷуз аз қабули пули тонировкаи мошинҳо. Раиси ин филиали Амонатбонк Нахшов Файзиддин буд, ки ду соли пеш мурд. Ҳозир боз кадом одами Соҳибовҳоро дар ҷои вай монданд.

Пули тонировкаи мошинҳо яклухт ба Таҳминаи Клеопатра ё Рустами герчик меравад. Ин гапҳо, ки ба пули тонировка ба ҳисоби сохтмони Роғун меравад дуруғ аст. Як иҷозат барои тонировка 500 доллар мебошад. Агар ин пул ба буҷа ва ба ҳисоби Роғун мерафт любой точкаи Амонатбонки амалкунанда дар ҳудуди кишвар  бояд мегирифт. Аммо пули тонировкаро фақат дар филиали микрорайони 33 мегиранд. Ва аз онҷо мустақим ба ҳисоби оффшор меравад, як копеек ба бюҷет намеравад. Ин филиали Амонатбонк дар

даруни домҳо, камтар аз лаби роҳ медароӣ, онҷо як кинотеатр дар вақтҳои Союз буд, дар таҳи ҳамон қарор дорад. 5-6 коргар дорад, ки корашон фақат пули тонировка қабул кардан.

Барои кори дигар агар биравӣ «филиали марказӣ брен, фалон филиал брен» гуфта вежливо ва дипломатично ҷавоб медиҳанд. Явна намегуянд, ки мо фақат пули тонировка қабул меунему аммо дигар амалиёти бонкӣ ҳатто интиқол надоранд. Чун он пул мустақиман меравад ба ҳисобҳои офшории оила. Дар ҳоле дар оғоз Раҳмонов гуфта буд пули танировка барои сохтмони Роғун бояд равад. Чуноне мегуянд: «бо номи кӣ вале ба коми кӣ»

Захватҳои рейдерии Ойла

Манбаъи наздик ба оила ба Ислоҳ чунин гуфт: Аз Хатлон бачаи ҳоҷӣ Раҷабалӣ Баротов  бо домодҳои Раҳмонов содиқона  хизмат мекард. Хизматгори онҳо буд. Маҳмадуллои бачаи ҳоҷӣ Шариф (падари Шамсулло Соҳибов) ҳамсинфи падари ман буд Маҳмадулло падари маро чанд бор фарёд мекунад, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунад. Падари ман ба ҳаромхурӣ даст намезанад, таклифи Маҳмадуллоро рад мекунад. Ин бачаи ҳоҷӣ Раҷабалӣ гуфт, ки падари шумо на худаш хурд, на монд дигарҳо хуранд. Ин дар ҳолест, ки медонист мо аз падарамон ҷудо зиндагӣ мекардем.

Азбаски он бачаи ҳоҷӣ Раҷабалӣ бисёр гуноҳҳои оилаи Соҳибовҳоро медонист, ӯро бо ҷурми салафӣ зиндон карданд. Ин бачаи Раҷабалӣ номаш Баротов Наврӯз бо тахаллуси Шрек аст. Ҳоҷӣ Раҷабалӣ аз Қурғонтеппа аз кучаи Ломоносов мебошад.

Наврӯз Баротов,ки тақрибан 41 сола аст домоди Умарқул раиси пешини нефтибазаи Левакант буд,то фаолияти ширкати Тоҷирону Фароз амал мекард. Маҳмадулло Соҳибов бо зӯрӣ аз ӯ ин нефтибазаро кашида мегирад.

Наврӯз Баротов якрӯз ақиқаи фарзандашро мекунад ва дар он чанд салафибачаҳоро даъват мекунад ва пас аз як ҳафта ӯро боздошташ мекунанд. Наврӯз ҳудуди 6 моҳ дар СИЗО ӯро нигоҳ медоранд ва ҳама дороияшро мегиранду бо дахолати хусураш Умарқул озодаш мекунанд. Дар он маъракаи Наврӯз Баротов чанд нафар иштироккунадаҳоро ба солҳои тулонӣ бо иттиҳоми Салафият зиндонӣ мекунанд. Мисли Ҳоҷӣ Саидмуроди маслобойчик, Ҳоҷӣ Файзиддин ва чанд ҷавони дигарро ба 20 соли зиндон маҳкум карданд.

Вай дар вақташ асноду ҳуҷҷатҳои мардумро барои ҳаҷ роҳӣ кардан омода мекард.

Ҳикояти дигар: Азиз Соҳибов раиси Тоҷикматлубот бачаи ҳоҷӣ Шариф як заправкаи як бародарро гирифт. Он бародар аз Қурғонтеппа, Усмон ном дорад, аз Гулзор бачаи бобои Пирмаҳмад. Усмон додараруси Имоми Гулзорӣ аст.

Боре Усмон бо Ёдгору чанд рафиқаш дар назди заправкааш шиштагӣ буданд. Азиз омада мегуяд, ки заправкаатро таъмир карда истодаед. Усмон мегуяд, бале. Аҳсан мегуяду меравад. Вале пагоҳаш омада мебинад, ки Усмон дар назди заправкааш бо рафиқонаш нишастааст. Усмонро мегуяд, ки ин заправкаро ман дар ҷои қарз мегирам.

Вале Усмон ба хонааш қасам хурда дар назди рафиқонаш мегуяд, ман ягон сомонӣ қарздор нестам аз ин Азиз Соҳибов. Азиз мегуяд, ки ин шакалади ҷиянҳо мебошад, ҷиянҳо калон шуда истодаанд, авлод калон шуда истодааст,бачаҳо, навасаҳо калон шуда истодаанд. Ва ба зур заправкаро аз Усмон мегирад.

Раҳмонов ва Соҳибовҳо

Ин хабар аз як нафар корманди пешини КДАМ-амният ба Ислоҳ расид: Пеш аз марги ҳоҷӣ Шариф, (Шариф Соҳибов) ногаҳон КДАМ се тонна маҳсулоти шираи камоли ӯро дастгир кард. Ҳоҷӣ Шариф ба раиси КДАМ занг зада мегуяд, ки шираи камол аз они ман аст. Дар ҷавоб раиси КДАМ гуфт, ки «ман ба президент доклад, кардам, мебахшед бобои ҳоҷӣ, аз дастам коре намеояд, ба президент муроҷиат кунед. Ҳоҷӣ Шариф ба Эмомалӣ Раҳмонов муроҷиат карда мегуяд «ҳамон шираи камоли амният дошта аз они ман аст, гуед баргардонанд». Эмомалӣ Раҳмонов дар ҷавоб мегуяд аз дастам чизе намеояд ва гушаки телефонро мемонад.

Ҳоҷӣ Шариф ба суи хона равон мешавад, ки дар роҳ давленияш мезанад ва баъди чанд рӯз аз дунë мегузарад. Аммо Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи мурдаи ҳоҷӣ Шариф ҳам  наомад.

Ҳоҷӣ Шариф инсони хуб буд, худо раҳматаш кунад. Касе наздаш мерафт корашро буд мекард.

Ҳоҷӣ Шариф язнаи апаи Азизмо, шавҳари аммаи Азизмои газетхонаки зани Эмомалӣ Раҳмонов мебошад!

Ҳоҷӣ Шариф дар вақташ ба Эмомалӣ Раҳмонов, ки дар як оилаи қашшоқи нодор мезисту бениҳоят дар фақру камбағалӣ ба сар мебурд ёриҳои зиёд додагӣ аст. Аз давраи дар ПТУ хондану дар маслозавод ба ҳайси электрик кор карданаш гирифта то зангириаш ҳоҷӣ Шариф ёрдамаш кардагӣ аст. Вақте аз маслозавод руған дуздида ба даст меафтад ҳамин ҳоҷӣ Шариф ёрдамаш мекунад.

Ҳоҷӣ Шариф духтари хусурбачааш Асадулло яъне Азизморо ба Эмомалӣ Раҳмонов гирифта ба занӣ медиҳад. Ва худаш туйи Эмомалиро ташкил карда мегузаронад.

Азизмо, Ҳасан, Ҳусейн, Раҳматулло аз якум оилаи Асадулло мебошанд.

Амонулло, Амрулло, Муҳибулло ва.. аз зани дигар мебошанд.

Дигар хусурбачаи ҳоҷӣ Шариф бобои Надим буд. Фарзандони вай дар Чапаев ҳастанд. Бобои Надим амаки Азизамоҳ  мебошанд.

Ҳасан Асадуллоев домоди ҳоҷӣ Шариф аст, язнаи Зоири домоди президент яъне апаааш Моҳсафар ҳамсараш аст. Раҳматии акаи Маҳмадулло писари калони ҳоҷӣ Шариф аст, писари Маҳмадулло Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмонов аст.

Раиси пешинаи Фароз, худораҳматии ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов сабаб шуда буд, ки Шамсулло Соҳибов домоди Раҳмонов шавад. Вай пешниҳод карда буд: «Шамсулло ту бояд домоди президент шавӣ, ту доступи калон дорӣ».Чунки падари Шамсулло бо Эмомалӣ Раҳмонов вақтҳои пеш бисёр якҷоя буданд.  Дар оғоз Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов ширкати Тоҷиронро бо Ҳоҷӣ Шариф таъсис намуданд. Пас аз он Ҳоҷӣ Шариф писараш Маҳмадуллоро бо Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов ҳамроҳ кард, то кор кунад. Пас аз он Маҳмадулло ба ҷойи худ Шамсулло Соҳибови писарашро бо Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов шарики тиҷоратӣ кард. Хуб дигар пас аз хориҷ шудани Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов тағйири ном карда ба Фароз идомаи кор дорад. Муҳим домодшудани Шамсулло Соҳибов бо машварати Шаҳид Умаралӣ Қувватов сурат гирифта аст.

Инро низ бояд зикр намоем,ки Эмомалӣ Раҳмонов дар вақтҳои дар ПТУ хондан ва дар маслозавод кор кардан дар хонаи марҳум ҳоҷӣ Шариф мезист.

Бозори ҳоҷӣ Шариф дар шаҳри Бохтар дар асл аз они Эмомалӣ Раҳмонов аст.
Ман шахсан дар сохтмони бозори ҳоҷӣ Шариф кор ва фаъолият кардаам. Дар сохтмони бозори ҳоҷӣ Шариф маблағи калон (расход) масраф шуда аст. Ҳамаи ин масраф аз ҳисоби буҷети вилоят ва маводи мухаддир буд. Инро низ бояд зикр намоем,ки дар сохтмони бозори Ҳоҷӣ Шариф ба Зоир Соҳибов аз тоҷирони зиёде пул гирифта аст.

Ба монанди:

Нуралӣ Ризоев 500 ҳазор доллар

Тоҷиддин Командир: 1млн 700 ҳазор доллар

Санг нач СБ МВД Хатлон: 500 ҳазор доллар

Файзи Геран: 300 ҳазор доллар

Нур Фақир маблағи ҳама ҳоҷатхонаҳои бозорро пардохта буд.

Ҷанги зери буриё миёни Ҳасан ва Мирзоевҳо

Задухурдҳои шадид байни Ҳасан Асадуллозода ва Хуршеди Мирзо дар паси саҳна гардишҳои нав касб мекунанд. Все таки навиштаҳои «Ислоҳ» дар ин бобат таъсири худро гузоштанд. Баъди гуфтаҳо дар барномаҳои шумо роҷеъ ба нақшаву ниятҳои Хуршеди Мирзоев, ки зиёд хоҳиши дур кардани Ҳасани ишкамба аз саҳнаи асосиро дорад, Ҳасан мутаваҷҷеҳи авзоъ шуда ба Хуршед Мирзоев сахт диққат карда истодааст. Маълум аст ки Ҳасан қувва ва қудрати кофӣ дар ихтиёр дорад, ҳар сделка, шартнома ва ҳаракатҳои Хуршедро хуб аҳамият дода истодааст.

Ҳасан Шералӣ Кабир ва боз чанд нафари бовариноки худро фарёд карда гуфтааст, ки «ку бо гапои нав… …и Хуршедш бо пайдо шидай, ҷогир бдай, ҳмммм»

Хуршед гуфтааст, ки «и шкамбаи Ҳасан хееееела хурду чарид, басай акы, ятарафаш кадан даркор»…

Ин гапҳоро бин «о апаи ма да дасти Президентай, апаи Хуршед не ку, ҳмммм?!.Вақте ки ма кору бор мекадм, и гындышкбача дар туалетои мактабу дига ҷо, ай шкофакои деволо, петакои муаллимаҳоша мепоид… … чи ӯ фикр мекна иқа сол ма просто так шиштум?… … давай Шералӣ ты ҳамаи сделкаҳоша кати ҳамаи корои финансиш дида бро, рост биё мара доклад кн… … чи нақшаҳо дора дар оянда, увошам… …дигаро бошан дига направлениҳоша бинен, давайте…»

Комил Мирзоалиеви Роҳи оҳан ҳам ҳайрон мондаасту Гуфтааст: «агар гапои Муҳаммадиқбол рост боша, Хуршед уқа кори хуб накадестай, сари ҳамамона мехра ин Хуршед».

Комил Мирзоалиев, ки худро аввал ба командаи Ҳасан рабт медод, ҳозир ҳайрон, ки чикор кунад. Бо Хуршед Мирзоев хешу табор асту наметавонад Хуршедро гуяд, ки чунину чунон накун, «яке мега гапои Муҳаммадиқбол рост набоша ба Хуршед мега, ки ты ба ҳаму афсонаҳо бовар кади… Бо Ҳасани Ориёнбонк бошад ҳам наздику зиёд сиру асрорашро медонаду мегуяд яке Худо накунад ягон кору бори медонистагии манро Муҳаммадиқбол бигуяд, «аниқ акаи Ҳасан ай ма мебина… бля и чи гапу корай, омада омада ҳозир шидестай. И акаи Ҳасанам, охирон вақто уқа катим соз гап назестай, аник иҷада ягон чира хит кадай», гуфтааст Комил…

Ҳасан таги Мирзоевҳоро кофта истодааст. Барои шикасту пора кардани схемаҳои молиявии Мирзоевҳо ҳаракатҳои махсус карда истодааст. Ӯ қариб, ки ҳар рӯз, бо собиқ вазири молия Наҷмиддинов Сафаралӣ ва собиқ вазири савдо ва равобити хориҷӣ Ҳаким Ҳусейнович Солиев вохуриҳо мегузаронад ва аз ин «ду пири кор» машваратҳо мепурсад. Ин ду нафар ҳар рӯз ба Ориёнбонк ранге, ки ба кор меомада бошанд, омада истодаанд. Аҷоиб.

Дар навбати худ Хуршед Мирзоев чанд корманди Ориёнбонкро вербоват кардааст, ки ба ӯ дар нисбати Ҳасан маълумотҳо дастрас кунанд.

Мирзоевҳо, ки пештар падарашон зинда буд, пеши роҳи баъзе аз корҳояшонро мегирифт ва ҳушдор медод,ки саросемагӣ накунанд. Акнун, ки падарашон аз дунё гузашт, фақат ба пеш.(Чанд ҳафта пеш падари Мирзоев даргузашт)

730 ҳазор сомони Литсейи Ҳасан Асадуллоев аз барқ қарздор аст

Ва ҳоло боз як маълумоти ҷолиби дигар дар бораи Ҳасани ишкамба. Ҳасан дар Душанбе литсей- мактаб хусусӣ дорад. Дар ин мактаб як шиноси ман кор мекунад. Вай ин ҳикоятро ба ман кард. Гуфт як рӯз аз Идораи барқ контролерҳо омада сими свети литсейро буриданд. Гуфтанд, ки ин мактаб аз барқ қарзи зиёд дорад. Ман дар кор будам. Хиёл кардам, ки бисёр бошад 3000 сомонӣ будагист. Аммо баъд фаҳмидам 730.590 сомонӣ мактаби Ҳасан аз барқ қарздор будааст. Ин пулро ба доллар баргардонем 64.000 доллар мешавад. Ин шиносам нақл кард, ки аммо ғайричашмдошти ҳама баъди ҳамагӣ 2 соат омада светро пайваст карданд.  Мегуяд боз «қизиқаш» инки қарзи 730.590 сомонии мактаби Ҳасанро аннулироват карданд. Яъне Ҳасан Асадуллоев ягон сум ба свет надода бошад ҳам аммо счетчикро 000000 карданду бахшиш пурсида рафтанд. Ана инро мегуянд дуздии руирост ва ана инро  мегуянд, ки суиистифода аз мақом. Ана барои чӣ ширкати  «Барқи тоҷик» инқадар қарздор мешавад. Албатта, ин сумҳоро ба сари халқи Тоҷикистон мезананду аз камбағали бечора «бақия» ном мегузоранду мегиранд. Наход Ҳасан бо ин ҳама дороиву кату кут суми барқи истифода бурдаро намесупорад? Боз дар ин мактаб кудакҳои худаш ҳам мехонанд. Ҳамин шиносам боз гуфт, ки аксарият набераҳои Раҳмонов дар ҳамин мактаби Ҳасан таҳсил мекунанд. Аммо дар бйни набераҳо ҳиҷ гуна рафоққат нест, гуфт ин шиносам ва афзуд, ки баракс байни ҳам мисли сагу пишаканд, ба ҳамдигар салом намекунанд, якдигаришонро дида наметавонанд. Аммо бачаҳои Ҳасан ва набераҳои Раҳмонов ҳар ҳафта мошинҳои худро иваз мекунанд. Ин шиносам,ки муаллим аст гуфт, кадомеашон коргарони мактабро меҳмонӣ даъват мекунад, маълум мешавад, ки отаву очаашро тамоман писанд намекардааст:  «Мега ман дидам чашмом кати, мега ин духтари бачаи наверашон Раҳмонова пул вайрон кардагӣ, мега як дигариша ненавидит, мега уриси кати значит Раҳмонова духтарош Рустама як дигариша дида наметонад, ранги душман як дигариша мебинад. Мега бовар кунен насиб ин шо Аллоҳ ҳоли як вахт мебиёяд Раҳмонова бачаҳои духтариш як дигариша мехурад ҷангу ҷанчол ҳаминба рафтестай рузба руз». Ин муаллим гуфт, ки мо дар меҳмонӣ худамон барои худамон хизмат кардем. Ин духтари яке аз духтарҳои Раҳмонов баромаданд хонаи болову магнитофонро баланд карданду ба рақс машғул шуданд. Гуфт бо чашмони худам дидам, ки дар сигарет он духтарҳову бачаҳо нашаро ҷо карда дуд доданд….

Зодгоҳи хонуми аввали Тоҷикистон дар чи ҳол аст

Ва, як ҳикояти дигар аз апаи Азизмоҳ! Дар кучаи падарии авлоди Асадуллоевҳо дигар одам нест. Аз кучаашон мегузаред на одам ҳаст, на мошин, куча холӣ. Ҳамаи хонаҳои ҳамсояҳоро бо пулҳои калон харидаанд ва дар ҷойи он хонааҳо хонаҳои калон- калон сохтаанд. Лекин одамони наздикашонро оварда дар он хонаҳои сохтаашон квартирант мешинонанд. Аммо худашон бошанд дар Душанбе- пойтахт зиндагӣ мекунанд.
Ҳама ҷиянҳои апаи Азизмо ва акаи Ҳасан Асадуллозода ду- се занӣ доранд. Аз ин занҳо фарзанд доранд. Ҳама сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ медонанд, лекин хомӯшанд. Ба ҷиянҳои Асадуллозодаҳо ду- се занӣ иҷозат ва мумкин аст, ба дигарон не. Агар ба сиёсат кордор шуди дар назди қонун ҷавоб мегӯй. Яъне кордор шудан ба СЕМЕЙКА ин кордор шудан ба сиёсат аст дигар.
Ҳоҷӣ Мирзои кулобӣ дар маъракаҳои шабнишинии Асадуллоевҳо фаъолона иштирок мекунад. Қариб, ки бе ҳоҷӣ Мирзои кулобӣ маъракаҳояшон соф намегузарад.
Пештар маъракаҳояшон дабдабаноку пурвоҳима буд, ҳоло меҳмонон қисм-қисм  меоянд. Аммо маъракаҳояшон чанд рӯзӣ давом мекунанд.
Генпрокурор кӣ мешавад?

Дар даруни Оилаи Раҳмонов айни замон муҳорибаҳои шадид барои «сфера влияний» идома дорад. Ҳар кадоме талош дорад, қудрату тавони худро зиёдтар кунад.

Ҳам Озода, ҳам Рустам ва ҳам Зоир (қурғаниҳо) дар такудаву такопу ҳастанд. Барои вазифаҳои калидиро ба одамони наздики худ додан муборизаи шадид ҳам бурда истодаанд.

Баъд аз анҷоми интихоботи Маҷлиси намояндагон, ки қарор аст охири феврал ва аввали апрели соли 2025 доир шавад, муҳлати кории Прокурори Генералӣ, қудои ҳамакнун собиқи Эмомалӣ Раҳмонов Юсуф Раҳмон ба охир мерасад.

Як гурӯҳ ба ҷои вай Сулаймон Султонзода, директори Агентии мубориза бо коррупсияро оварданианд. Сулаймон Султонзода ҷияни Матлубхон Давлатзода, тағои президент Раҳмонов аст.

Варианти дуюм, ки эҳтимолияташ камтар аст Ҳабибулло Воҳидов сарпрокурори ҳарбӣ ва муовини Прокурори генералии Тоҷикистон аст. Ҳабибулло Воҳидов дар Душанбе ва дар вилояти Суғд ба ҳайси прокурор кор кардааст. Сипас Воҳидов  директори Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъйин шуд ва аз онҷо ӯро ба ҷои феълиаш Прокуратураи ҳарбӣ оварданд. Бо таваҷҷӯҳ ба онки ӯро аз Агентӣ ба Прокуратура  оварданд, ҳадс зада мешавад, ки ин «перевод» шояд барои курсии Прокурори генерлӣ бошад. Аммо минуси Ҳабибулло Воҳидов ин аст ки вай фархорӣ аст. Баъди кудетои Саидҷаъфар Усмонзодаи фархорӣ фархориҳо аз назари Раҳмонов уфтоданд. Ҳамчунин Раҳмонов дар ин авохир афроди нафақахур ё наздик ба пенсаро ба вазифаҳои масъул мансуб накарда истодааст. Инчунин чанд фигураҳои муҳимми дигар вуҷуд доранд,ки ба круги Рустам марбутанд онҳоро мегузорем ба қариби он рӯзи таъинот.

Раиси Суди Олӣ Шермаҳмади Шоҳиёни аспбозро низ ба нафақа равон мекунанд. Ҳоло барои ҷойи вай ҳам кондидат кофта истодаанд. Гуё раиси Суди олии иқтисодиро меоваранд дар ҷойи вай.

СС.Ятимов,раиси КДАМ ҳам ҳарчиқадар талош ва ҳодисаҳо ташкил кунад, масалан як хитоиро дар марз гуё случайно куштанд, фоидааш намекунад. Вай ҳам меравад. Аммо ин гуна гапҳо ҳам ҳаст ки СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзодаи Ҷеки Чанро имкон дорад Раҳмонов дар бараш ҳифз кунад. Дар бораи ин ду нафар ҳоло қарор ва тасмим ниҳоӣ нашудааст. Ҳар хел дигаргунӣ шуданаш дар ҳокимияти Раҳмонов мумкин аст. Чунки ҳама медонанд тасмими ӯ метавонад дар як шаб иваз шавад.

Шоҳрух Саид, сардори РВКД-и Душанбе кушишҳои сахт дорад, ки Мансурҷон Умаровро аз вазифа сабукдуш кунад. Чунки маҳз Мансурҷон Умаров падари Шоҳрух Фаттоҳ Саид ва кормандони Агентии коррупсияро дастгир карда сабтҳои видеои маҳрамонаи Фаттоҳи раққосаро бароварда буд. Барои ҳамин Генерал Шоҳрух Саидзода то ҳол аз пайи интикоми падари заднимостзадааш гаштаасту дар байни кругаш гуфтааст: «Мансур Умаровро аз вазифа мегируму дар ҳаму турмаи худуш маҳкамуш мекунум. У отаи мара маҳкам карданӣ буд, ай дастуш…. наомад. Аку навбати ма расид, нигоҳ кунен чи хели мекунум и фархориҳора кати ятимчашон. Плано ҳамаш тайёрай» гуфта воҳима карда истодааст.

СС.Ятимов компраматҳои хело ҷолиб аз Шоҳрух ва чандин мақомоти болоии ВКД дар даст дорад. Аммо бо хоҳишу исрори Рамазон Раҳимзода аз СС.Ятимов,ки то будани ман ин корро накунад,ки номи ман сиёҳ мешавад. Гӯйё СС.Ятимов ҳам гуфтааст ман фикр мекунам дар ин маврид. Рамазон Раҳимзода фармони қатъӣ додааст,ки ҳар шикояте нисбати Шоҳрух Саидзода аз ҳар шаҳрванд нисбати Шоҳрух Саидзода расидаро ҳатман санҷанд ва танҳо ба дасти худаш расонанд онро. Ҳоло чандин нафаре нисбати Шоҳрух Саидзода шикоят карда зери назорати шахсии вазир қарор доранд. Ин ҳам яке аз далоили буғранҷ будани вазъияти дохили ВКД-ро мекунад.

Сообщение Семейка news №12 появились сначала на ISLOH.net.

Медонед Раҳмонов барои чӣ хонаи Маҳмурод, Зайд, Қувватов, Искандаровро сӯхт?
Пешопеш маълум буд, ки Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон на камтар аз 14–15 сол мегирад. Баъди Умаралӣ Қувватов, раиси шаҳиди “Гурӯҳи 24” ӯ бо даъвати баргузории як тазоҳуроти осоишта ҳазорон ҳазор аз саканаи кишварро, ки мунтазири ҳамин гуна як ибтикор ва иқдоме буданд, ба таҳрик даровард. Билошак он рӯз қариб аст ва инки ҳоло дар аксарият манотиқи кишвар бо ранги хоно “ИСТЕЪФО” менависанд, далели мувассақ ва муваҷҷаҳи ин гуфтаи мост. Солҳост, ки корд дар устухон расидааст ва халқи тоҷик дар баробари як диктотури ҷоҳил ва як дузди ёғӣ вомондааст ва роҳи чора танҳо ҳамоне аст, ки Маҳмурод Одинаев қасди баргузории онро кард.

«Ҳарф аз ҳизбу интихоботу тазоҳуроту истеъфо Раҳмонов ва пояҳои ҳукумати оилавӣ-қабилаии вайро мутазалзил месозад. Вай бо тамоми иқтидоре, ки дорад, то ба имрӯз талош кардааст аз ин ҳама (ҳизбу интихоботу тазоҳуроту истеъфо) ҷилавгирӣ кунад, маҳор созад, то инки фақат ва танҳо худашу  9 фарзанду 9 баробар бештар домоду дигару дигарҳояш дар Тоҷикистон зиндагӣ ва истироҳат кунанд.»

Агар ба ҳамин чанд соли баъди имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ мутаваҷҷеҳ бишавем, хоҳем дид, ки Раҳмонов барои ҳеҷ тоҷик фурсат ва маҷол надодааст, ки дар баробари ӯ барои курсии раёсати давлат қад алам кунад. Ҳар касе муддаӣ шуд, ӯ ҳатман ӯро зиндон кард, нобуд сохт ва фирорӣ намуд.

Боздошту истирдоду ба давраи тӯлонӣ (23 сол) зиндон кардани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон танҳо ба хотири он буд, ки ӯ изҳор дошт дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзадии худро пешниҳод хоҳад кард. Искандаровро нагузошт, ки то интихобот бирасад. Чунки дақиқан медонист, агар ӯ номзади раёсати ҷумҳурӣ бишавад, аксарияти мутлақи халқи тоҷик ба ӯ раъй хоҳад дод. Аз инҷо буд, ки фармуд ӯро айбу иттиҳоме бизананд, ки на камтар аз 20 сол зиндон бишавад. То барои онҳое, ки муддаии ҷойи ӯ мешаванд, сабақ бишавад. Ва, додситону додрас ноилоҷ ва чору ночор фармоиши Раҳмоновро иҷро ва як нафари бегуноҳро ба давраи дароз пушти панҷара карданд.

Вақте Умаралӣ Қувватов ҳам даъвои сиёсӣ кард ва изҳор дошт, ки алайҳи Раҳмонов тазоҳурот баргузор мекунад, раъша дар ҷисму ҷони Раҳмонов афтод. Ба вузӯҳ медонист ва медонад, ки камтарин ҷарақа кофист, ки халқи ҷонбарлаби тоҷик тахту тоҷи ӯро вожгун созад. Вай бахубӣ огоҳ аст ва маълумоти дақиқ дорад, ки одитарин нерӯи сиёсӣ, ки ба майдон ворид шуд, арсаро аз дасти ӯ пас хоҳад гирифт. Вай ҳеҷ гоҳ, дар ҳамин тӯли 29 соли ҳокимияташ мардона ва бо дастгирии мардум курсии аввали кишварро нагирифтааст ва тамоми арқому омори маъракаҳои сиёсии кишварро бардурӯғ ва сунъӣ ҷамъбасту эълон кардааст. Вақте шаҳид Умаралӣ барои як гирдиҳамоӣ дар 10.10.2014 даъват кард, Раҳмонов ба манзури тарсонидани мардум ва ҷилавгирӣ аз он дар шаҳри Душанбе, дар майдони назди Маҷлиси Олӣ тамриноти пахши тазоҳуротро бо ҷалби сарбозу аскарҳои КДАМ ва ВКД доир кард. Умаралӣ Қувватов, чуноне баъдан ҳама асрори куштори ӯ рӯи об омад ва ҳоло ҳам қотилони вай дар сафҳои милисаи тоҷик кору фаъолият доранд бо дастури шахсии Раҳмонов кушта шуд ва тамоми ҳазинаи амалиёти куштори ӯро Шамсулло Соҳибов-домоди Эмомалӣ Раҳмонов пардохт карда будааст. Фақат ба хотири онки аз бурузи як чеҳра ва як рақиби сиёсӣ ҷилавгирӣ кунад.

«Агар Раҳмонов ҷуръаташро дошт ва агар ӯ дар ҳақиқат мутмаин буд, ки мардум бо ӯст, ҳамчунин муносибати ноҷавонмардонаро бо Зайд Сайид намекард. Зайд Сайид, ки дар Маскав як тоҷири муваффақ ва соҳиби сармояи миллионҳодолларӣ буд, баъди имзои сулҳ бо даъвати худи Раҳмонов сармояашро ба кишвар ворид кард.»

Дар ин бора баъдан худи Зайд дар як нома аз зиндон ба унвони Раҳмонов ошкоро сӯҳбат карда буд. Ӯ чанд сол ҳам дар ҳукумати Раҳмонов ба ҳайси вазир фаъолият намуд. Огаҳон мегӯянд, ки Раҳмонов чандин муддат ҳатто чои наҳорашро ҳамроҳ бо Зайд мехӯрд. Ва, ҳамин тавр Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳам ба яке аз ҳамсоғарони доимии Раҳмонов табдил шуда буд. Зимнан ҳамин шаҳид Умаралӣ Қувватов ҳам бо хонавода ва шахси худи Раҳмонов иртиботи наздик дошт. Аммо вақте Зайд хост, ки як ҳизбе таъсис бидиҳад ва бо миллат ва мардум ва давлати Тоҷикистон аз наздик ҳамкорӣ кунад, Раҳмонов хобу хиёлро аз даст дод ва васвосу ҷунун ва ваҳшатзада шуд. Сахт тарсид, ки мабодо Зайд ба курсии ӯ дида надӯхта бошад. Муқобили ӯ парванда дуруст кард ва ба ҳабс гирифт. Вақте фаҳмид, ки иттиҳомоташ соли камро пешбинӣ мекунад, ба ӯ тӯҳмат зад ва барои 26 сол равонаи зиндон кард.

«Раҳмонов тавон ва ғайрату ҷасорате надорад, ки бо як сиёсатмадори воқеӣ вориди мусобиқаи интихоботӣ бишавад. Барои ҳамин ҳар нафаре, ҳар ҳаракат ва ҳизбе, ки даъвои курсии ӯро кард, бо татбиқи усулҳои номардона ва ғиром аз саҳна берун кард. Вай мисли шағол аст. Шервор мубориза накардааст. Чун медонад, ки дар мусобиқаи рӯёрӯ ва ошкоро бой медиҳад.»

Дудаста ва мутафарриқ сохтани ду ҳизби сосиалистӣ ва демократи Тоҷикистон ҳам кори дасти худи ӯст. Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон: ҳизби коммунист, наҳзати исломӣ, сосиалистӣ, демократӣ ва сосиал-демократ дар солҳои 2003–2004 зери як Эътилоф ҷамъ омада хостори тағйироти қонуни интихобти Маҷлис шуданд. Намояндагони коммунистҳо ва наҳзати исломӣ пешнависи ин тарҳро ба Маҷлиси намояндагон фиристоданд, аммо қабул нашуд. Вале инки ҳатто коммунистҳо бо наҳзати исломӣ канор омад ва инки ҳизби сосиалист, зери раҳбарии Мирҳусейн Назриев вориди Эътилофе шуд, ки Наҳзати исломӣ дар он мавқеи меҳварӣ дошт, Раҳмонов ва дору дастааш, бахусус мушовирини чоплусашро дучори ваҳшат ва сархӯрдагӣ кард. Роҳи чораро боз ҳам дар зӯр ва истифода аз қудрати ҳукумат ҷуст ва чуноне гуфтем сосиалистҳо ва демократҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо ва ба аҳзоби маргиналӣ табдил кард.

Барои он сахт тарсид, ки тамоми нерӯҳои сиёсӣ бо Наҳзати исломӣ  канор омаданд ва имкони 100% аз қудрат пойин овардани ӯро фароҳам сохтанд. Азбаски дар соли 2006 интихоботи навбатии раёсати ҷумҳурӣ дар пеш буд ва азбаски ҲХДТ танҳову тоқа монд, аҳзоби кисагии ислоҳоти иқтисодӣ ва аграриро ташкил дод ва онҳоро якҷо бо ҷиноҳҳои ҷудошуда аз демократҳо ва сосиалистҳо барои худ иттифоқчӣ сохт. Ва ба ҳамин минвол аз соли 2006 то ба ҳоло, ки се навбати интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор гардид, бо ҳамин аҳзоби худсохтааш рақобати дурӯғӣ ташкил карду ингор бо касби орои мардум ғолиб омад. Аммо дар амал ва дар воқеият ӯ ҳеҷ гоҳ бо як рақиби ҷиддӣ натавонист рӯбарӯ шавад, балки шароит ва имконият барои ҳамчунин рақибе надод. Ҳатто барои ҳамин ҷавони 30сола- Фаромуз Иргашев- бо тамоми иқтидор мониа ва мушкил дуруст кард, то ки вай сабти ном нашавад. Ин дар ҳақиқат нишона ва аломати заъфу тарси ӯ аз пайдо шудани як рақиби бархоста аз миёни мардум буд.

Ҳамин ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро бо тӯҳмату буҳтон басту манъ кард, барои он буд, ки мамлакатро барои худ комилан тахлия  кунад. Тамоми ҳарфу достони Ҳоҷӣ Ҳалим бофтаву дурӯғи маҳз аст. Вай аз афзоиши нуфузи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам дар майдони сиёсати кишвар ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ эҳсоси бим ва аҷз мекард. Ҳамин ҳоло ҳам аз ин ҳизб то пойи ҷон метарсад ва инки барои масҷидҳо мавъиза навишта ҲНИТро,ки 6 сол мешавад дар кишвар қарор надорад, сиёҳу бадном мекунад, исботи ҳарфи мост. Раҳмонов аз қудрат то рӯзи маргу мурданаш рафтанӣ нест. Ва, аз ҳар шахсият ва аз ҳар ҳаракату ҳизбе, ки даъвогари ҷойи ӯ мешавад, бо тамоми шеваҳои ҳатто номашрӯъ қасос мегирад.

Инки мегӯяд ӯро барои Роғун интихоб карданд, инки мегӯяд ба ӯ занҳо овоз додаанд, эътирофи зимнӣ, иқрори он аст ки инҷо кадом интихобу интихоботе набуд. Ин аломати даступохӯрдагӣ, ин худсафедкунӣ як гунаҳгори бадастафтода аст ки мизону ҳаҷму андозаи зарар ва хисороти расонидаашро ба ин давлату миллат хуб медонад.

Вай, наметавонад бигӯяд, ки ман мунтахаби мардуми тоҷик ҳастам. Он вақт метавонад бигӯяд, ки аз байни рақибони воқеӣ сабқатро бурида бошад. Инчи рақам ва ин ба кадом маъно интихобот аст, ки рақибони интихоботӣ даъват кунанд, ки ба “номзади асосӣ” овоз диҳед. Барои ҳамин аст ки гапро тоб медиҳад бурду овард мекунад. Роғун гуфтан, занҳо гуфтани Раҳмонов тавҷеҳи ғадру хиёнати ӯ бо раъйи мардум, бо интихоботи халқ аст. Ӯ медонад, ки гунаҳгор аст, ӯ медонад, ки хиёнат кардааст. Ӯ медонад, ки сазовори курсие, ки нишастааст, нест, балки ӯ худ гуноҳ ва хиёнат аст. Ӯ гуноҳ, ӯ хиёнат ва ӯ ҷинояти худро хело хуб медонад.

Чаро Раҳмонов аз тазоҳурот метарсад?

Чаро Раҳмонов аз ҳизби дигар метарсад?

«Чаро Раҳмонов ба ҷуз аз аъзои оила, хешу табор ва наздикони худ  ба касони дигар имконият намедиҳад? Ҳар касе талош кард, ки дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон ҳарфи дуруст ва барои мардум гӯяд, онро сарбанест кард? Султон Қувват ва муовини ӯ-Рустам Файзиро ҳам Раҳмонов нобуд кард. Рустам Файзӣ дар зиндон кушта шуд. Барои он метарсад, ки мардум аз ӯ безор шудааст ва ӯро намехоҳад.»

Шоҳидони мурофиа ҳикоят карданд, ки Маҳмурод Одинаевро ду нафар аз зери китфон тавре бардошта ба толор дароварданд, ки пойҳояш ба замин намерасид. Ва дар даруни толор, дар ҷойи маҳкумшаванда ҳам ӯ танҳо набуд ва ду нафар дар паҳлуи ӯ буданд ва бо навбат ва ноаён бо такяи китфони худ ӯро нигоҳ медоштанд, то науфтад. Зеро, тибқи маълумоти ба мо расида сутунмӯҳраи ӯро ба ҳангоми лату кӯб шикастаанд ва маълум нест, ки аз чанд ҷой бошад.

Ҳоло, суол ин аст ки Маҳмурод Одинаев чи ҷурме содир кард, ки 14 сол зиндон бишавад? Ҳамин як даъват барои гирдиҳамоӣ ва тазоҳурот? Кор то онҷо сахту гарон аст ки тазоҳуроте анҷом нагирифта, мардум ҷамъ наомада, танҳо барои як даъвати хушку холӣ, ки оё баргузор мешуд ё намешуд, ба ҳамин тарзу ба ҳамин ҳаҷму ба ҳамин ҳисоб вокуниш? Чи қадар шикананд, чи қадар оҷиз ва чи қадар заъфи Раҳмоновро ин ҳукм намоён кард?

«Хонаи Маҳмурод, хонаи Зайд, хонаи Маҳмадрӯзиро сӯхту хароб кард, хонаи Умаралиро оташ зад, хонумаш сарсону саргардон, то чи шавад? То Раҳмонов ҳукумат кунад?»

Раҳмонов на танҳои хонаҳои ин шермардон, хонаи мардуми Тоҷикистонро гӯгирд задааст, то ки хонаи худаш, хонаи Рустам, хонаи Озода, хонаи Таҳмина, хонаи Фирӯза,хонаи Муроди телеху Бег Сабури қудояш ва  амсоли инҳо, ки аз қавми яъҷуҷу маъҷуҷ ҳам бештар шудаанд, гарм созад, хонаи мардумро торик кардааст, то ки хонаҳои инҳоро равшан нигаҳ дорад.

Аммо то кай,ин мусибат идома меёфта бошад?

Албатта,то он рӯзе,ки ин миллат ба по хезаду бо як садо бигӯянд:  «Раҳмонов истеъфо,бирав мо дигар ту ва оилаи сархуратро қабул надорем ва аз шумо хаста  ва ҷон бар лаб шудем!»

Сообщение Медонед Раҳмонов барои чӣ хонаи Маҳмурод, Зайд, Қувватов, Искандаровро сӯхт? появились сначала на ISLOH.net.

Фармоишгар ва қотилони Умаралӣ Қувватов ошкор шуданд
Умаралӣ Қувватов, роҳбари “Гурӯҳи 24” аз мухолифони сарсахти Эмомалӣ Раҳмонов шоми 5 марти соли 2015 дар Истанбули Туркия кушта гардид. Ин кушторро чанд нафар анҷом доданд. Аммо Туркия танҳо яке аз онҳо -Сулаймон Қаюмов-зодаи ноҳияи Восеъи вилояти собиқи Кӯлобро дастгир ва сипас ба ҳабси абад маҳкум кард. Сулаймон Қаюмов куштори шаҳид Қувватовро ба гардан нагирифт. Вале тафтишот ва тамоми шавоҳид исбот кард, ки ӯ ҳам ташкилкунанда ва ҳам аз муҷриёни асосии амалиёти ин қатл ба шумор меравад.

Пеш аз онки номҳои қотилони воқеии Умаралӣ Қувватовро ошкор бисозем, месазад дар бораи худи ӯ чанд ҷумлае бигӯем. Худобиёмурз Қувватов аз муассисони ширкати “Фароз” буд, ки баъдан Шамсулло Соҳибови домоди раиси ҷумҳурӣ ӯро на танҳо аз ин ширкат маҳрум, балки тамоми дороӣ ва моликияташро ҳам тасарруф намуд ва коре кард, ки хусураш бо истифода аз фишанги давлатӣ ӯро ба унвони як ҷинояткор муаррифӣ бикунад. Қисааш тӯлонист. Вале ҳаминро бигӯем, ки вақтҳои ахир Умаралии шаҳид дигар на танҳо ба як мунтақиду ифшосозандаи аъмоли ҷиноякоронаи Раҳмонову хонаводааш, балки ба як сиёсатмадори мардумӣ ва лидери садҳо ҳазор аз муҳоҷирон бадал шуда таҳдиди ҷиддӣ ба пояҳои қудрати Раҳмонов маҳсуб мешуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2014 фаъолияти «Гурӯҳи 24»-и Қувватовро дар кишвар расман манъ ва онро ба рӯйхати сиёҳи созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Ҳар гоҳе, ки Қувватов тариқи шабакаҳо ва бахусус шабакаи моҳвораии “К+” суханрониҳо мекард, ҷон аз қолиби Раҳмонов берун мешуд. Шояд даҳҳо миллион доллар масраф карда буд, ки ӯро бо ҳар роҳу восита ба ватан бозгардонад. Чанд навбат тавассути ИНТЕРПОЛ-пулиси байналмилалӣ   ӯро мавриди боздошту бозпурсӣ қарор дод. Аммо ҳеҷ яке аз ин кишварҳо, ба шумули ҳамин Туркия розӣ нашуданд, ки шаҳид Умаралиро ба Тоҷикистон истирдод кунанд. Аз инҷо буд, ки таҳдиду ихтори зиёди ӯ ба Умаралӣ Қувватов камтарин таъсир надошт. Дигар Раҳмонов тасмим гирифт, ки ӯро ҷисман аз байн бибарад. Ва, ҳамин тавр ҳам кард. Ин масъулиятро Раҳмонов бар дӯши Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ гузошт. Рамазон Раҳимзода Сулаймон Қаюмови  восеъиро барои иҷрои ин амалиёт ҷалб кард. Манбаъи дигари мо дар ВКД Шоҳрух Саидов,сардори УБОП-ро масъули анҷоми амалиёти қатли Умаралии шаҳид мегӯянд. Бар пояи маълумоти ин манбаъ Шоҳрух Сайид бо дастури Рустами Эмомалӣ ( ҳамсинф ва дӯсти наздик) як гурӯҳи вижаи 32 узвиро созмон додааст, ки дар чунин шароит фармоишоти хосро иҷро мекунад. Гуфта мешавад, ки мақарри ин гурӯҳи аҷир дар Варзоб буда ва фармонҳои қатлу куштори афроди ба онҳо нохушояндро амалӣ мекардаанд. Дар мавриди ин гурӯҳ дар матолиби оянда бештар хоҳем гуфт.

Аммо Сулаймон Қаюмов нақши агенту гумошта ва барномасози амалиёти қатли Умаралиро бар дӯш гирифт. Ӯро чанд муддат дар вазорати дохилӣ омӯзониданд. Тахминан шаш моҳ ӯ нақшеро, ки бояд ифо мекард, машқ кард. Баъде, ки мутмаин шуданд, ӯ аз ӯҳдаи иҷрои нақши бар дӯшаш вогузоршуда баромада метавонад, роҳии Истанбул карданд. Сулаймон Қаюмов дар Туркия худро савдогару тоҷир рост карда,ҳатто корманди назофати масҷиде дар наздикии фурудгоҳ, оҳиста-оҳиста ба марҳум Қувватов ва ёронаш наздик мешавад. ”Наздикшавӣ” аввалин марҳалаи нақшаи куштор буд, ки ӯ муваффақ шуд ва тавонист, ки дар як фурсати кӯтоҳ бо Қувватов ошно ва ҳатто дӯст бишавад. Хонуми шаҳид Умаралӣ аз наздикшавии шавҳараш бо Сулаймон Қайюмов хушбин набудааст,ки баъдан бо хабарнигорон ин нигарониашро изҳор намудааст.

Хабаргузориҳо дар он шабурӯз навишта буданд, ки 5-уми март, Қувватов ҳамроҳи зан ва ду писараш ба хонаи як ҳамватани тоҷикистонӣ бо номи Сулаймон Қайюмов барои зиёфати шомгоҳӣ даъват шуда буданд. Ба оила заҳр хӯронданд, вале онҳо зинда монданд. Дар ин зиёфат бо шаҳид Умаралӣ бархе аз рафиқонаш,аз ҷумла Суҳроби Зафар, Ҳусейн Ашуров ӯро ҳамроҳӣ менамуданд.Ғизои заҳролуда ба ҳамаи инҳо ҳам таъсир карда буд. Ҳама беҳолу бемадор буданд ва бо марҳум натавонистанд аз хона берун шаванд. Умаралӣ аммо исрор меварзад, ки бояд аз хона бадар шуд, чун инҷо “чи гапе” ҳаст. Худи Сулаймон Қаюмов ба баҳонаи онки ғизо аз гӯшти гӯспанд таҳия шудааст, луқмае самти даҳан намекунад. Вақте амалиёти бо заҳр куштан амалӣ намешавад марҳум Қувватовро дар кӯча замоне,ки дар як даст дасти ҳамсар ва дар дасти дигар дастони яке аз кӯдаконашро дошт ва мунтзири таксӣ буданд, аз пушти сараш парронданд. Аз пушти сар ва бо туфанги бесадо.

Таҳқиқи марги Қувватов ошкор кард, ки Сулаймон Қайюмов бо якчанд шарики тоҷик кор мекард, ки аз боздошт гурехтанд ва савори ҳавопаймо ба Маскав фирор карданд. Додгоҳи Истанбул гуфта буд, ки ду гумонбари дигар дар ташкили куштори раҳбари “Гурӯҳи 24” тавонистаанд  феълан аз тариқи Интерпол таҳти таъқиб гузошта шудаанд. Исми ин ду нафар, ки низ шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, ба далоили амниятӣ эълон нашудааст.  Додрас аз Сулаймон Қайюмов мепурсад, ки  аз ғизоҳои шаби 5 март барои меҳмонон таҳиякардааш худи ӯ ҳам чашида буд ё хайр?  Қайюмов посух додааст, ки не. Додситонии Туркия он замон гуфта буд, ки “Ҳарду гумонбари асосӣ шаҳрвандони Тоҷикистонанд”.  Якеи онҳо Баҳодур ном доштааст. Онҳо ба он айбдор мешаванд, ки аз хеле қабл ба Истанбул омада, тайи чанд моҳ нақшаи сӯиқасд ба Умаралӣ Қувватовро кашидаанд.

Додситонии ҷиноятҳои террористӣ ва муташаккили  Истанбул он замон ба матбуоти маҳаллӣ гуфта буд, гумонбарон 6 нафаранд ва аз онҳо ба унвони “гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ” ном бурда, аз додгоҳ барои онҳо вобаста ба нақшашон дар қатли раҳбари “Гурӯҳи 24” аз 1,5 то 4,5 соли зиндон ва барои гумонбарони асосӣ ҳукми зиндони умрбод хоста буд. Зоҳиран додситонии ҷиноятҳои террористӣ ва созмонёфтаи Истанбул  барои қотилон татбиқи муҷозот ба таври ғоибонаро талаб карда буд. Зеро 5 гумонбари дигар дар ин парванда тавонистаанд аз Туркия фирор кунанд.

Аз инҷо бармеояд,ки мақомоти тафтишотӣ ва додгоҳии Истанбул ҳуввияти муҷриминро медонистанд, вагарна барои кӣ ва киҳо ҳукми зиндон бурида мешуд? Аммо чаро номи онҳоро эълом накарданд ва то имрӯз, ки аз ин моҷаро 5 сол сипарӣ мешавад,кадом тағйироте дар ин моҷаро пеш наомадааст. Ин ҳолатро ҳам инҷо бояд тазаккур бидиҳам, ки Сулаймон Қайюмов дар ибтидои дастгиршавиаш талош кардааст, ки қатли Умаралиро бори дӯши Сӯҳроб Тӯраев яъне ҳамин Суҳроби Зафар намояд. Мақомоти тафтишоти Туркия Сӯҳробро дастгир ва ду рӯз мавриди бозҷӯӣ қарор медиҳанд ва озод мекунанд.

Сӯҳроб Тӯраев(Суҳроби Зафар) дар сӯҳбате, ки  бо хабарнигорон доштааст аз як ҳолати шубҳаангез ёдовар мешавад. Дар ҷараёни бозпурсӣ тасаввуре ҳосил кардааст, ки мақомоти пулис дар бораи чигуна рӯй додани ҳодиса ва муҷримон иттилои фаровон дар даст доранд. Тӯраев гуфтааст, ки «вақте аз ӯ пурсидам, Сулаймон, дар пушти ин кор кӣ меистад, ақаллан мард барин ҳаминро бигӯй, сарашро хам кард ва ҳарфе назад,»-афзудааст  ӯ.

Дар ҳамин ҳол 6-уми март Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба мақомоти Туркия муроҷиат мекунад, ки  хабари марги шаҳрванди Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов ва шароити қатли ӯро расман тавзеҳ диҳад. Яъне ин “контролний вистрел” буд, то Рамазон Раҳимзода мутмаин бишавад ва  аз анҷоми бобарори амалиёти қатли Умаралӣ Қувватов, роҳбари Гурӯҳи 24 ба фармоишгари асосӣ Эмомалӣ Раҳмонов мужда расонад.

Дар гузориши Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар иртибот ба ин қазия гуфта мешавад, ки қатли раҳбари “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қуватов дар Истанбул бо “дахолат ё ризоияти ҳукумати Тоҷикистон” сурат гирифтааст. Лозим ба ёдоварист, ки Сулаймон Қайюмов ҳам субҳи 6 март-субҳи аввали баъди ҳодисаи куштор ба Алмаатои Қазоқистон парвоз кард. Аммо мақомоти амниятии Қазоқистон ӯро бозпас мефиристанд ва дар фурудгоҳи Отатурки Истанбул дастгир мешавад. Сулаймон Қайюмов ҳангоме аз Туркия ба самти Қазоқистон парвоз мекунад, дар асноди ӯ кадом ишколе ошкор мешавад ва сарҳадбонони Қазоқ ӯро иҷозати вуруд намедиҳанду дубора   ба Туркия бармегардонанд. Дар ин миён ному насаб ва аксҳои Сулаймон Қайюмовро Ҳусейн Ашӯров ва наздикони марҳум ба пулиси турк медиҳанд, чунки ӯ комилан иртиботро қатъ мекунад, аз инҷо буд, ки ӯ боздошт мегардад. Агар, ки ишколи фаннӣ дар шиносномааш набуд, ӯ ҳам мисли дигар қотилон фирор мекард. Ва, дар асл нақша ҳам ҳамин тавр буд.

Ва, акнун инҷо маълумоти фиристодаи манбаи Ислоҳ.нетро бо як каме таҳрир ба нашр мерасонем:

Раҳимзода Рамазон супориш мегирад аз президент ҶТ Эмомали Раҳмон, ки Умаралӣ Қувватовро диверсия карда ба қатл расонанд. Рамазон Раҳимзода ҷосус (агент) тайёр мекунанд. Агент Сулаймон Қаюмов ба Туркия рафта худашро ҳаводор ва пайрави Гуруҳи 24 мегӯяд ва ҳаракат карда ба боварии марҳум Умарали Қувватов медарояд ва ҳамаи гапҳоро (ҷои буду бош, маҳалли зист, схемаи ҳаракат…куҷо рафтану омадан, вазъияти молиявӣ..ю хулоса ҳама маълумот) ба ВКД мерасонад. Аз Душанбе ба Туркия 4 нафар кормандони ВКД барои ба қатл расондани Умаралӣ Қувват ба сафар мебароянд.

1.) Сардори гурӯҳ собиқ сардори милисаи фурудгоҳи ш. Душанбе Исозода Набиҷони Исо фамилияи пешинааш (Грезов Набиҷон Исоевич) соли таваллудаш 07.06.1977  зодаи н.Восеъ. Айни ҳол дар ш. Душанбе истиқомат мекунад.

2.) Маҳмадализода Баҳодур фамилияи пешинааш (Абдусамадов Баҳодур) соли таваллудаш 1979   зодаи ш. Бохтар (Қӯргонтеппа) собиқ сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноятии  фурудгоҳи ш. Душанбе

3.) Суҳроб ном дорад дар бораи ин маълумот камтар аст дар ВКД кор мекардаст. Аз гуфтаҳояшон одами Умаралиро парондагӣ (қотил)ҳамин аст.

4.) шахсе аст,ки исму насабаш маълум нест.Вале 100% корманди вазорати корҳои дохилӣ мебошад ва тибқи маълумотҳои дигари Ислоҳ ӯ зан аст.

Ин 4 нафар соли 2015 4-моҳ зиёдтар дар Туркия ба сар бурдаанд. Дар он ҷо аввал ҳаракат карданд Умаралӣ Қувватовро бо аҳли оилааш заҳр дода ба қатл расонанд. Аммо заҳр қувваташ (дозаш) паст будааст ва онҳо намурданд. Баъд онҳо диданд, ки планашон иҷро нашуд худи Умаралӣ Қувватовро дар берун паронда аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд. Сулаймон Қаюмовро полиси Туркия дастгир мекунад, дигарҳо мегурезанд ба Тоҷикистон. Инҷо гумон меравад,ки  “маслиҳат” бо бархе “мақомот”и Туркия буд ва агарна ҳамаашонро дастгир мекарданд. Баъд аз он ки аз Туркия баргаштанд ба қотилҳо  вазифаҳои баланд доданд.

Исозода Набиҷон аз сардори милитсияи фурудгоҳ ба сардори Раёсати кофтукои ҷиноятии  ВКД таъин шуд. Айни ҳол И.Набиҷон бо вазир соз нест барои ҳамин рутбаашро паст карданд ва ба шӯъбаи шаҳрии милитсияи Бохтар собиқ (Қӯргонтеппа) “перевод” шудааст.

Маҳмадализода Баҳодур аз сардори шӯъбаи кофтукоби ҷиноии фурудгоҳ ба сардори шӯъбаи  Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноятии ВКД таъин шуд. Айни ҳол М.Баҳодур аз вазифа озод карда шудааст ва дар федерасияи Русия дар муҳоҷират аст.

Дар бораи Сӯҳроб ягон маълумот нест.

Яке аз ин ду нафарро Рамазон Раҳимзода аз чанд вақти пеш барои ҳамчунин рӯзҳо зери чашм карда ҳар аз гоҳе дар феҳристи нафароне ҷой медод, ки барои иҷрои амалиёти махсус тақдир мешаванд ва инъом ба даст меоваранд.  Моҳи июни соли 2014 барои ошкор кардани як ҳодисаи куштор,ки фаъолияти бондҳои мафиозии қочоқчиёни ҳероин марбут буд дар шумори чанд нафари дигар ба подполковники милитсия Грезов Набиҷон Исоевич – ба маблағи 3000 (се ҳазор) сомонӣ ҷоиза супорида шуд.

Аммо тибқи як маълумоти дигари ба мо расида баъди анҷоми куштори  Умаралӣ Қувватов лейтенанти калони милитсия Маҳмадализода Баҳодур Маҳмадалӣ — сардори Шӯъбаи Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Ва дертар бошад подполковник Маҳмадализода Баҳодур (аз авохир исоли 2016)муовини командири қисми ҳарбӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии қисми ҳарбии 051057 –и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ба ин тартиб маълум шуд, ки шаҳид Умаралӣ Қувватов бо фармоиши Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастони кормандони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кушта шудааст. Аммо ҷолиб инҷост ки чаро онҳоро,ки агар Туркия ба ИНТЕРПОЛ супорид, бахши ИНТЕРПОЛ дар Тоҷикистон шиносоӣ ва боздошт намекунад?

Манбаъи мо гуфт,ки онҳо дар асл бо ному насаб ва шиносномаҳои “фалшивий”ба Туркия рафта онҷо чанд муддат бо ҳамин шиносномаҳои сохта зиндагӣ карда ва баъди онки амалиёти кушторро анҷом доданд, боз бо ҳамон шиносномаҳо аз Туркия хориҷ шуданд. Аммо ин сохтакорӣ далел намешавад,ки ашхоси муҷрим аз таъқиб ва боздошти ИНТЕРПОЛ-наҷот ёбанд. Нуктаи дигаре,ки дар ин қазия камтар ҷалби таваҷҷӯҳ кардааст ин аст ки силоҳи мавриди истифода қароргирифтааст. То онҷо маълумот ёфтем ин туфанги сохти русӣ будааст ва ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад,ки он силоҳ мутааллиқ ба вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бошад ва тавассути дипломатҳо вориди Туркия шуда бошад.Албатта ин эҳтимолот аст вале тир сад дар сад сохти Русӣ ҳаст.

Мақомоти Туркия ҳам дар таҳқиқоти анҷом додаи худ таъйид мекунанд, ки гурӯҳи деверсионие, ки аз Тоҷикистон барои анҷоми ин амалиёт омада буд, ҳамагӣ  бо исм ва насаби комилан дигар фиристода шудаанд. Агарчанд қотилон бо табдили ном ин корро анҷом додаанд вале аксҳои дар шиносномаҳояшон буда метавонад онҳоро ифшо созад. Аз ин хотир метавон гуфт, ки ҳоло ҳам дер нашудааст….

Ps: Пойгоҳи “Ислоҳ.нет” боз ҳам дар таҳқиқи ин қазия ва аҳволи феълии шахсони қотил ва боз ба чӣ ҷиноятҳое даст задаанд идома медиҳем.Агар дар ин қазия афсарони содиқи ватан дар мақомот огоҳие дошта бошанд ба “Ислоҳ” нависед, то онро ифшо созем…

Сообщение Фармоишгар ва қотилони Умаралӣ Қувватов ошкор шуданд появились сначала на ISLOH.net.