Архивы Қурбон Юсупов - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№257
Борҳо исбот шудааст, ки мансабдорони наздик ба худи Раҳмон, даст ба корҳое мезананд, ки боиси шармандагӣ ва беобруии ин ҳукумат мешавад. Номае, ки аз Муъминобод расидааст, аз он мегӯяд, ки чи тавр як «зек»-зиндонии собиқ иштирокчии ҷанги дохилӣ шуда ва сипас то рутбаи полковникӣ мерасад ва дар ниҳоят боз раиси Идораи хоҷагии ҷангали Муминобод мешавад. Ин нафар шинос ва ҳамсинфи Юсуф Раҳмон, собиқ Прокурори генералӣ ва ҳоло котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон будааст:

Муъминобод

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азиз Муҳаммадиқбол! Ман истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминободам. Мактуби манро бародари гиромӣ, ҳатман нашр кунед, то мардуми Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон бифаҳманд, ки мардуми маркази ин ноҳия аз дасти Раҷабов Раҷабалӣ бо лақаби Раҷаби кишка ба дод омада намедонанд додашонро ба кӣ гуянд.

Ин Раҷаби кишка собиқадори ҷанги дохилӣ буда, то ин дам, яъне то саршавии ҷанги дохилӣ дар маҳбас адои ҷазо мекард.

Баъди озод шуданаш ба сафи Гвардияи миллӣ шомил шуд. Мардумони бегуноҳро хеле азобу шиканҷа дода нобуд кардааст.

Вай мегуяд ман дар ҳукумат хизмат кардаам. Ин озодиро аз дасти вовчикҳо ба ҷонамон бозӣ карда ба даст овардаам ва акнун бояд , ин мардум дар хизмати ман бошанд.

Мегуяд ман баъди тамоми шудани ҷанг дар минтақаи гумрукии аэропорти Душанбе кор мекардам. Дар он вақт вазири гумрук Зариф Гурез буд, фалонизан манро чап гирифт ва аз кор пеш кард. Боз мегӯяд, ки хайрият ки званиямро нагирифтанд. Ман полковники запас мебошам. Баъди чанд сол бо дастгирии ҳамсинфам Юсуф Раҳмон, ки Прокурори генералии Тоҷикистон кор мекард аз нав соҳиби вазифа шудам.

Ба ман мансаби раисии ноҳияро пешниҳод карданд, аммо худам қабул накардам. Барои онки дар Муминобод ҳамаҷоро захват карда гирифтаанд.

Ман гуфтам, ки маро раиси хоҷагии ҷангали Муминобод таъин кунед бас аст. Дар дами пири каме бошад ҳам дам гирам. Баъд фармони таъин шудани ман дар вазифаи раиси хоҷагии ҷангалро бароварданд.

Бовар кунед, бародар Муҳаммадиқбол. Баъди онки ин Раҷабалии кишка раиси хоҷагии ҷангал шуд хуни мардумро ба хӯрдан сар кард.

Бо ҳар баҳона заминҳои мардумро кашида мегирифт ва то пул намедоданд барнамегардонд ва ба каси дигар мефурӯхт. Дар деҳаи Кулолӣ ба номи падараш як дачаи калон сохт. Мардумро водор мекард, ки дар сохтмони он бепул ё бо суми ночиз кор кунанд. Ҳатто хуроки дуруст намедод.

Мегуяд ин дача барои ман ҳам падар шуду ҳам модар. Аз пушти ин дача обруям боз ҳам зиётар шуд. Ҳар меҳмоне, ки ба ноҳия ояд ҳатман меҳмони ман мешавад.

Боз як дискотека дорад дар маркази ноҳия ва тамоми ҷавонон аз Фархор, Восеъ, Кулоб ва Ҳамадонӣ ба инҷо омада шаробу бангу героин мезананд. Хуллас алкашҳову наркоманҳо инҷо ҷамъ мешаванд ва то саҳар мардумро девона мекунанд.

Ягон кас ба вай гап намезанад. Вай рӯирост мегуяд, ки

« ма ҳамара мурғ кадагийм, мада фарқш нест, началник млеса кати пракрор ҳама ай хдмай. То вахте Раҳмон Юсуф зинда боша мехом мегардм.

«Барои он ки дар вақташ Юусуф Раҳмонро ма кати Амиров сахт дастгирӣ кадагиям.

Ана акун вазифашай ки хизмати мора куна ва нигоҳу бин кунад».

Дачаашро ба номи падараш «Алибобо» гузоштааст.

Мегуяд, ки ман аз ҳукумат садфоиз розӣ. Писарамро депутат кард. Ҳозир писараш раиси КЖКП аст. Гуё ваъдааш кардаанд, ки раиси ноҳия мешавад.

Бародар Муҳаммадиқбол ин навиштаро нашр кунед. Боз дар оянда менависам.

Турсунзода

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Бародар ҳазор раҳмат ба шумо, ки чандин номаи моро нашр кардед. Медонем, ки шумо таърифу чоплусиро наме писандед. Шумо барои мардуми Тоҷикистон неъмати бебаҳо  ҳастед. Аллоҳ гузаштаҳоятонро раҳмату мағфират кунад ва мо мардуми ноҳияи Турсунзодаро дар роҳи муборизаву ҷасорат ҳидоят намояд.

Ман дар бораи чи гуфтаниям?Дар барои чоплусони сохта ва спектакли дуруғини беақлонаи онҳо амниятиҳои Тоҷикистон. Инро ман бо гӯшҳои худам шунидам ва 100 дар 100 фаҳмидам, ки ҳамааш дурӯғ аст. Шумо мепурсед,ки чи дурӯғ аст?

Хато накунам ин қудои мо дар 4 барномаи «Минбари муҳоҷир баромад карда буд Хулосаи гап ин аст ки имсол моҳи май ба хона рафтам. Акаам писарашро дар ҳамин моҳи май хонадор кард. Хусури акаам аз Суғд ба туй омад. Баъд ман дар тӯй бо хусури акаам рӯбарӯ шудам. Гуфтам «Амакҷон шумоя чанбор дар барномаи Минбари муҳоҷир дидам, чиба Муҳаммадиқбола ба гап мат када натонистед? Ва боз ба тарафаш дуруға гуфтам аз пешвои милат соз ҳимоят накадед, Муҳаммадиқбол ҳаматона шарманда када сур мекад».

Тарафам хандиду гуфт: «чи хел аз ботил, аз чизи набуда чия таъриф мекадам».   Гуфтам:«ин хел бошад чаро 4 бор баромад кардед дар барномаи  Минбари муҳоҷир?»

Бо нафрат қаҳру алам гуфт: «чи хиёл каде, ки ман ба хоҳиши худам худама шарманда када баромад мекадам, ман девона нестам, аз як бепадари аҳмақ ҳимоят намекунам».
Ман боз пурсидам, ки ин тавр бошад чаро баромад кардед ва як бор ҳам не чор маротиба? Гуфтам Раҳмоновро ҳимоят кардед ку? Гуфт: «ман ба хоҳиши худам надаромадам, маҷбурӣ угрожать када моя дохили барнома мекадан, ҳатто бо телефонҳои худашон». Гуфтам,ки маҷбур мекард? Гуфт,ки гап инҷо монад амниятиҳо меомаданд маҷбур мекарданд ва агар баромад накунӣ шумоҳо хоинед зиди Пешво ҳастед, аз кор пеш мекунем мегуфтанд. Ва мо, маҷбур будем, ки баромад кунем. Агарне барои ман тамоман лозим набуд, ки баромад карда худамро шарманда кунам.

Ин хусури акаам гуфт, ки амниятиҳо бо зӯриву дашном гуруҳи чоплусҳо ва ҳимоятгарҳо ташкил карда буданд он шабу рӯзҳо. Ба ҷони ҳамаамон зада буданд. Хайрият, ки яке бас карданд.

Бародар Муҳаммадиқбол ана ҳамин буд, ончизе, ки хостам ба шумо нақл намоям. Як калимааш дурӯғ нест.

Вахш

Ассалому алейкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман яке аз бародарони шумоям, ки дар барномаи «Номаҳо…»-и шумораи№160, дар бораи мушкилоти мардуми Вахш нома равон карда будам. Алҳамдуллилоҳ, ки баъд аз нашри он нома дар деҳа шароит 90 дараҷа дигар шуд.

Ятимовҳое, ки сӣ сол зулм ба мардум мекарданд, аз вазифаи директори мактабамон гирифтанд. Лекин ин туберкулезҳо ҳоло ҳам бошад бо ҳайси муаллим ва муаллима кор мекунанд. Ятимов Хуршедро бошад алакай касалии туберкулез девона кардааст. Аммо вай ҳамон хел девонавор кор мекунад. Чунки ӯро зани собиқаш, ки муовини раиси ноҳияи Вахш мебошад ба хотири фарзандонаш аз вазифа намегирад. Ятимов Дилшод ҳам муаллими одӣ шуда кор мекунад, вай ҳам бемор ҳаст. Онҳо ҳамчун бемори туберкулез аз ҳукумат пенсия мегиранд. Оё барои бемор костний туберкулез муаллим шуда кор кардан иҷозат аст?

Бародар Муҳаммадиқбол алҳамдулиллоҳ масҷиди моро кушоданд. Мо масҷидамонро ба номи шумо гузоштем –масҷиди Муҳаммадиқбол.

Бародар Муҳаммадиқбол дар деҳаи мо як зан аз Душанбе омаду худашро аз хешовандони Ҷаноб гуфт ва роҳи моро девор зада ба суйи хонааш дароварда буд, аммо то ҳол он роҳро ҳеҷ кас накушодааст. Ятимов Хайрулло, раиси маҳалла бошад баъд аз барномаи шумо алафашро паст мечарад. Худоро шукр дар деҳаи мо як шахс ҳаст бо номи Сангак, ки у ҳамаи бачаҳои қишлоқро бузӣ карда ба хизмат равон мекунад. Аммо бачаи худаш бошад дар Русия мегардад. Ин Сангаки ҳаромӣ боз ҳозир, ки аблавакунаки мост духтари Азизро ба бачааш курта пушондааст.

Азиз бошад ҳеҷ гоҳ домодашро ба хизмат намебарад.

Як зан ҳаст дар деҳаи мо номаш Зулайхо. Вай се бачаро сағира калон карда истодааст. Яке аз онҳо калон шуд. Баъди хатми мактаб ба Русия равон кард. Аммо, вай дар Русия мурд. Ду бачаи дигараш монд. Яке аз онҳо айни ҳол талабаи мактаб аст. Дигариашро Сангак ба аскарӣ равон кард. Дар ҳоле, ки қонун иҷозат медиҳад, ки он бача то ба сини ҳаждаҳ даромадани бародари мактабхонаш ҳамчун саробон оила хизмат наравад. Ин зани бечора бошад ҳозир бедастёр монда аст. Аммо Сангак худаш зиндаву бачаҳояш ба хизмат намеравнад, ин адолат аст?

Боз як бачаи дигар аз деҳаи моро, ки Шараф ном дораду аз Русия омада буд Сангак тӯҳмат кард, ки бо мухолифин, бо Муҳаммадиқбол гап мезанад. Лекин начальник уголовний розиски ноҳияи Вахш Саидҷон ӯро омада бурд ва панҷ сутка маҳкам кард ва панҷ ҳазор сомониашро гирифт ва баъди панҷ суткаи зиндон телефони ӯро проверка кард, ки ҳеҷ гап набудааст сипас раҳо кард.

Аммо масҷиди моро, ки кушода буданд маҳкам карданд ин бадбахтҳо. Алҳамдулиллоҳ мардуми мо панҷ вақти намоз дар масҷид ҳастанд ва ҳамаамон дар ҳақи шумо дуогӯем. Мардуми деҳаи Ҳофизи шерозӣ ҳамакаса бо шумоем.

Илтимоси ман аз шумо ин аст ки номаи маро зудтар чоп кунед, то писари оқи падари Сангакро ин навбат аз Русия оварда ба хизмати ҳарбӣ равон кунанд. Барномаи Номаҳо аз ноҳия»-ҳоро мардуми Вахш зиёд тамошо мекунем.

Бародар саломат бошед ва Аллоҳ ҳифзатон кунад.

Рашт

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол. Аз ноҳияи Рашт бароятон менависам. Дар ҳукумати ноҳия кор мекунам. Раиси ноҳияи мо Зарина Идиева дар як ҷаласа эълон намуд, ки ман дар минтақаи Рашт «гап занам. Чизеро, ки ман бигӯям, Ҷаноб ҳамон корро мекунад. Чунки ман намояндаи Ҷанобам. Ҷаноб минтақаро ба ман бовар карда супорид».

Боз дар байни дӯстони наздикаш гуфтааст:  «чизе доштем ҷамъу гирд кардему фурухтему боз қарз кардему додем ва додарамонро калони депутатҳо-раиси Маҷлиси Намояндагон мондем.(Файзиддин Идизода, бародари Зарина раиси Маҷлиси Намояндагон интихоб шуд).

Ана акнун имрӯз чанд баробаре, ки мефорадамон ҷамъ мекунем. Шукрона, ки Раҳимҷон (Раҳими ғармӣ) аз Ғарм аст, аз Нуробод нест. Чи расходе барои ҳукумати Рашт лозим бошад, Раҳимҷон бегап мекунад».

Аммо мардуми Ғарм аз дасти ин беваи Зарина дод мегуянд. Мегӯянд ин хел гушнаашро  нав дидем. Одамоне, ки аз заминларза зарар диданд, вақте ба қабули раиса мераванд, умуман қабулашон намекунад, ҳиҷ кумаку ёрдам намекунад.  Мардум мегуянд, ки охир рӯзи шанбе рӯзи қабул аст. Ҷаноби Олӣ рӯзҳои қабул таъин кардааст. Аммо ин бева мегуяд, ки «брен шикоят кнен кҷоеда мефоратон. Брен Ҷаноби Олида меген ё Муҳаммадиқболда навишта ройӣ мекнем, чизе мекнен кадан гирен».

Ин бева аниқ девона шудааст ё чизе дигар.

Ин беваи пуштғафс корш фақат куртаҳои ранги ба ранг пушиву доля ҷамъкунӣ.   Зарина Идиева гуфтаст: «оли иқаи дига бигзара, ай тамоми минтақаи Рашт ҷамъ мекунм доля, ай я Ғарм не. Раисорам дар минтақа худум через додарм пешниҳод мекнм». Дузандае, ки барояш курта медӯзад гуфтааст, ки як куртаи ин раиса барои чор кас курта мешавад. Аммо бисёр сахту мумсик аст, ки ҳатто нисфи пули куртаро ҳам намедиҳад итари раисарам дидем.

Истаравшан

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз шаҳри Истаравшан деҳаи Сурат. Дар деҳаи мо як нафаре аст бо номи Абдуназар (Абду). Ин нафар буз мебошад. Соли гузашта аз халқ сум ҷамъ кард ва роҳро бо ёрдами мардум мумфарш карданд. Аммо дар телевизион барнома ташкил намуда гуфтанд, ки роҳ аз ҳисоби Абдуназар мумфарш карда шуд. Ин дар ҳоле, ки аз мардум бо тарсонидани бачаатро ба хизмати ҳарбӣ мебарем иҷозат гирифтани замин ва туй намедиҳем ва ғайраҳо аз сари ҳар як хоҷагӣ сум ҷамъ кард. Имсол тасмим гирифтааст туйхона созад. Ин дафъа гуфтааст, ки сари касӣ аз сини 18  сар кадра то пиронсол сум мегирам. Охир ин ҷавони 18сола, ки нав мактабро хатм карда дар ҳеҷ ҷо кор намекунад, ё ки пиронсол, ки нафақаи вай ба худаш намерасад аз куҷо сум диҳад?
Бародар Муҳаммадиқбол дар деҳа якчанд муалимони буз ва раиси ҳаромхур дорем, ки дар барномаҳои оянда дар бораашон навишта роҳӣ мекунам.

Худам чанд сол пешавад, ки ватан нарафтаам. Ин ҳама маълумотҳоро мардум фиристода мегӯянд, ки ҳатман ба «Ислоҳ» фиристам. Чунки баъди нашри арзу шикояти мардум вазъият дигар мешавад.

То навиштаи баъдӣ, Худо ёратон бошад.

Ваҳдат

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман Аҳмад аз шаҳри Ваҳдат. Сипос аз шумо, ки номаи маро дар барномаи 247-и «Номаҳо…» хондед ва ба навиштаҳои ман шарҳ додед.

Бале, шумо рост мегуед ва ман ба суханҳои шумо розӣ ҳастам. Аммо инҷо сухан дар бораи шуҷоати ин олимони динӣ меравад, ки роҳи худро муайян кунанд:- ё бо мардум ё бо тоғут.

Мисол барои чи аз Мукаррам ва амсоли онҳо на мегуям, чунки роҳи онҳо ба ҳама маълум аст.

Бадбахтии мо дар ҳамин аст ки илми динӣ доранд вале сухани ҳақро намегуянд . Мардуми авом ва коркунони ҳукуматӣ фикр мекунан, ки ин корҳои ҳукумати тоғут дуруст аст. Агар аз ҳукумат ранҷ мебаранд мисли пайғамбарамон Муҳаммад саллалоҳу алайҳи вассалам ҳиҷрат кунанд ва нишон диҳанд ба мардум, ки бо корҳои ҳукумати тоғут розӣ нестанд, мисли шумоҳо ва дигар бародарони мухолиф. Чи шумоён аз рӯзи хуш ҳиҷрат кардед?

Ва дар роҳи мубориза ва инқилоб мо бояд лидери сиёсӣ ва ҳам лидери динӣ дошта бошем.

Магар суханам дуруст нест?

Магар замини Худованд фарох нест?

Вақте онҳо дар дарун меистанд ва норозигии худро нишон намедиҳанд бо ин илму донишашон, мардум фикр мекунад, ки ҳамаи ин қонунҳои ҳукумат дуруст аст. Аммо онҳо метавонанд фақат бо як ҳиҷраташон нишон диҳанд, ки онҳо норозиянд.

Бояд як руҳонии бо шуҷоат бошад, ки мардумро дар роҳи мубориза тавассути даъватҳои динӣ бо шумо ҳамроҳ ва ҷамъ кунад. Мо бояд дар роҳи инқилоб мардумро тайёр кунем, ки дар он рӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон новобаста аз қавмият донад баро чи инқилоб карданӣ аст ва барои кӣ?

Ва, кӣ кафолат медиҳад, ки рузи инқилоби мардумӣ, ҳукумат ин муллоҳоро бар зиди инқилоб истифода намебарад. Мисли фатвои додаи руҳониҳои тоҷики Афғонистон. Дар онҷо ҳам ҳоҷӣ Бердӣ яъне (ҳоҷӣ Мирзо) баромад карда буд. Аммо на аз қуръон гуфту на аз ҳадис. Танҳо шумо унту ҳастеду ин тур ҳастед гуфту халос.

Магар намедонанд беҳтарин ҷиҳод ин сухани ҳақ дар пеши шоҳи золим аст.

Ва мардум донанд, мо бо як гуруҳи ҷиноие, ки ғасби ҳукумат карданд мубориза мебарем ва мисли муҳорибаҳои ҷаноби Расули акрам танҳо бо онҳое, ки даст ба гиребон шуд, ки бо мо муқобилият нишон медиҳанд, чунки тоғут танҳо қувва ва зуриро мефаҳмаду халос.

Ва дигар мардуму қавмият рӯзи инқилобӣ орому осуда бошад ва ба моликияти онҳо ва ҷамъиятӣ зарар нарасонем, ки ин ҳама аз ҳисоби мову шумо сохта шудааст ва бояд хизмат кунад.

Агар бо ин суханонам касеро озор дода бошам пешакӣ узр мехоҳам.

Мутаассифона, ба фикри ман ҳақиқат ҳам инхел ҳаст ва мо бояд воқеъбин бошем, вагарна шикаст мехурем ва ҳукумат ба дасти Рустами гунг меафтад. Тоғути Раҳмонов танҳо қувваро мефаҳмад, чунки худаш бо ҳамин тариқа ба курсӣ омадааст.

Бо эҳтиром Аҳмад, аз Ваҳдат.

Маскав

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман имрӯз дар шаҳри Москва, азбаски муҳлати истифодаи шиносномаи хориҷиам кам монда буд, консулгарӣ рафтам барои ҳалли масъалаи шиносномаи нав. Дар консулгарӣ гуфтанд, ки арзиши шиноснома барои 30 рӯз 11 ҳазор рубли русӣ вале барои 14 рӯз 18500 аст. Яъне агар дар як моҳ бисозанд,11 ҳазор ва дар 14 рӯз созанд 18500. Аммо бо ҳар василаву баҳона халқро аҳмақу аблаҳ фарз карда аз ҳама 18500 рублӣ гирифта истодаанд.

Ман гуфтам, ки аз они ман бигзор дар як моҳ омода шавад, чунки он қадар пул надорам ва ҳамин 11 ҳазор медиҳам. Аммо гуфтанд, ки ҳамроҳат шиносномаи тоҷикӣ надорӣ. Бихоҳӣ, ки шиносномаи хориҷиат нав шавад ҳамин маблағи 18500 рублро пардохт кун.

18500 рубл супоридам. Бовар кунед, ки инҷо ҳам дуздӣ рафта истодааст ва ҳам ғорати мардуми бечора ва дармонда, ки як тинро дар ин ғарибӣ базӯр меёбанд. Аммо инҷо ду, се нафар муфтхур дар ҷойи шишташон рӯзона даҳҳо ҳазор кор карда истодаанд.

Хеле ҳам беинсофию ноадолатӣ аст.

Исфара

Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман аз шаҳри Исфара ҳастам. Дар шаҳри Исфара камбудиҳо бисёранд. Соли гузашта водоканал нархи солонаи оби канали маҳаллаи 12 ва 13-ро ду баробар зиёд кард. Мардум ба ҷои 100 сомонӣ 200 сомонӣ пардохт карданд. Бо раиси оби канал шиносашон шартнома карданд, ки маблағи мардумро ғорат мекунанд. Мақсади инҳо бо ҳар баҳонаҳо аз мардуми ҳамин маҳаллаҳо пул чиндан аст. Онҳо ба мардум шарт мемонанд, ки обро танҳо як маротиба дар ду ҳафта бигиранд. Дар акси ҳол аз онҳо то 60сомонӣ хоҳанд гирифт. Ин баҳона барои он аст ки вазъи таъминоти оби канал ба сокинони шаҳраки Сомониён хуб нест. Ҳол онки роҳи бисёртар сар додани об ба канали маҳаллаамон вуҷуд дорад. Пули мардумро ғорат мекунанд, вале мардумро ба об таъмин карда наметавонанд. Мардуми маҳаллаамон чандин маротиба ба ҳукумат арз карданд, вале арзу шикоятҳояшон бенатиҷа аст. Мироби маҳаллаамон соли гузашта чандин насоси обкашии сокинони маҳаллаи моро дуздид.

Аз дасти кумитаи андоз се соҳибкор мағозаи худро баст ва тиҷорати худро давом дода натавонист. Ба ҳамаи ин коргарони кумитаи андозро айбдор мекунам.

Нархи ҳавлиҳо хеле баланд аст, бар замми ин аксарияташ бо об таъмин нест.

Барқ бошад мушкилии чандинсолаи мо аст. Дар фасли зимистон болимит ва ҳам шиддати он хеле паст аст, хонаҳоро гарм карда намешавад. Мо ду сол пеш ба маҳаллаамон хати оби Лучински кашида будем, то ки дар зимистон об нахарем.   Ҳамон обро низ доимӣ намедиҳанд. Вазири об куҷоро нигоҳ мекунад, ман ҳайронам.

Мактаби 10-и шаҳраки Навобод дар ҳолати бад қарор дорад. Худо нахоста агар заминҷунбӣ шавад, мактаб чаппа мешавад. Директори мактаби 10 Самадова Ш. аст. Аз ин пеш Холматова Ҷамила директори мактаби 10 буд. Ӯ аз хонандагон барои ободонии мактаб гуфта пул гирифт вале ҳамаи он маблағҳоро ба манфиати шахсияш сарф кард. Ӯро барои ин кораш аз вазифа озод карданд.

Мактаб барои хониш шароити хуб надорад. Дар фасли зимистон агарчи барқ ҳам бошад, синфхонаҳоро гарм карда намешавад.

Ман 11 сол дар ин мактаб таҳсил кардаам ва ҳолати ин мактабро медонам. Маориф ба китобхонаи мактаб китобҳои нави дарсӣ ва бадеӣ медиҳад ва соҳиби китобхонаро маҷбур мекунад, ки маблағи китобҳоро рӯёнад. Дар мактаб аксарияти дарсҳо намешавад. Нисфи омӯзгоронаш аз ӯҳдаи дарсдиҳӣ намебароянд. Вазъи мо ҳамин аст дар Исфара.

Илтимос, ин номаро нашр кунед, то ки ҳамаи тоҷикон бифаҳманд, ки вазъу ҳол дар Исфара чи гуна аст. Ман ҳар он чизеро ки дидам ба «Ислоҳ» навиштам.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№257 появились сначала на ISLOH.net.

Императори Вахш-Вахш ноҳия аст ё ҷумҳурии худмухтор?
«Имрӯза раиси ноҳия Қурбони бех ё Қурбон Юсупов роҳ сохт, аммо барои худаш, то қабри падару модараш асфалт кард. Лекин барои кучаҳои ноҳияи Вахш бошад ҳеҷ кор накардааст. Ин ҳам бошад мисли Девонаев ҳамаи заминҳои маркази ноҳияро аз худ карда истодааст». Ин иқтибос аз «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и № 219 аст.

Исми Қурбони бех, раиси ноҳияи Вахш дар навиштаҳо ва наворҳои «Ислоҳ» аз чанд сол ба ин су садо медиҳад.

Як матлаби муфассале ҳам таҳти ин унвон «Қурбони бех Вахшро дар ваҳшат қарор додааст» https://isloh.net/qurboni-beh-vahshro-dar-vahshat-qaror-dodaast/ доштем, ки аз «ҳаёт ва фаъолият»-и ин раиси «худам шоҳу табъам вазир» дар се соли пеш 13.05.2022  мунташир шуда буд. Матлаби он вақти бо чунин ҷумлаҳо шуруъ мешуд: Дар Вахш чи мегузарад ва ё муносибати Қурбоналӣ Юсупови раиси ноҳия ва ҳоҷӣ Амиру ҳоҷӣ Амони бародарзанҳои Эмомалӣ Раҳмонов бо ин мардум чи гуна аст?

«Раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов бо шаш бародар ва ду хоҳараш ноҳияи моро ба  монополияи худ табдил кардааст.  600 гектар замини обии ноҳияро аз худ кардаву мардумро кор мефармоянд аммо моҳона ҳамагӣ 70,80 ва то100 сомонӣ медиханду  халос. Онҳо баҳонаи хубе ёфтаанд. Мегӯянд, ки чобуқ мекунед паяашро мегиред, ҳамин кофӣ аст. Он паяро танҳо дар пухтани нон дар дегдон истифода карда мешаваду тамом. Аммо барои он, ки ин паяро ҳамчун ҳезум истифода намоем дар танур нонашро ордашро чихел харидорӣ намоем аслан фикре намекунанд».

Дар ин авохир номаҳои мутааддиде ба нишонии электронии «Ислоҳ» роҷеъ ба ноҳияи Вахш ва раиси он ворид шуд ва мо ҳам чораеро ба ҷуз аз нашри онҳо дар чаҳорчуби як барномаи хос надидем.

Ончики инҷо мутолиа мекунед ва ончики аз ҳолу ҳавои Вахш хабардор мешавед, шояд дар навоҳии худатон ҳам мушоҳида кардаеду мушоҳида мешавад. Аммо инҷо ҳама чиз «як парда боло»-аст. Барои ҳамин муаллиф мегуяд, ки Вахш як ҷумҳурии алоҳида аст ва онро беҳтар «13-ий район», баргирифта аз унвон як кинои хориҷӣ биномем. Чунки дар Вахш бебандуборӣ, ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ дар муқоиса бо дигар навоҳии кишвар бештар ва дар ҳоли равнақу ривоҷ аст. Ва, ҷиҳати мутафовиташ он аст ки менависанд муаллифон «ҳар касе омаду раис шуд, аз он фақат кашиду дуздиду бурду хурд, санге болои санг нагузошт. Ончи доштро ғорат кард, ба шумули ҳамин Қурбони бех, раиси имрӯзаи ноҳия, ки дигар худро на раис, балки «Императори Вахш» меҳисобаду мешуморад».

Ин иддио, айни даъвои  Абдуҷаббор Зардиев, раиси пешини Кулоб ва айни воҳимаҳои Абдусалом Тухтасунзода раиси собиқи ноҳияи Конибодом аст. Абдуҷаббор Зардиев мегуфт, ки агар Раҳмонов дар Тоҷикистон Президент бошад, ман Президент дар Кулобам ва Тухтасунзода худро пешвои муаззами Конибодом муаррифӣ ва шинос мекард. На ин монд ва на он. Зардиевро титу пит карданду, бачаҳояшро турма ва замину амволи тасарруфкардаашро пас гирифта истодаанд. Тухтасунзода ҳам аз Конибодом ронда шуд ва бинобар хабарҳо ҳайати тафтишот дар пайи бозрасии аъмоли ҷиноии вай аст. Қурбони бех ин императори Вахш ҳам зиёд дур намеравад.

Ва, ҳоло ру меоварем ба номаҳои сокинони Вахш, ки гуфтем ин бор дар як барномаи ҷудогона таҳия ва тақдиматон мешавад:

Вахш

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!

Бародар, Муҳаммадиқбол, ин номаи маро илтимос падари ҳамаи номаҳо ном гузоред. Ноҳияи мо ба гуфти русҳо отделный республика, ҷумҳурии мухтор ва ё бинобар гуфтаи мардумӣ  13-й район аст, на яке аз ноҳияҳои маъмуливу муқаррарииТоҷикистон. Барои ин гуфтаҳо далел ва ҳуҷҷат дорем. Чунки дар ноҳияи Вахш ҳамаи онҳое, ки омаданду раис шуданд чи коре форадашон ҳамонро иҷро мекунанд. Боқии мақомоти ноҳия бошад, аз онҳо бадтар. Қурбони бех бошад, худашро император мегирад. Ин Қурбони бех як императори ниҳоят бераҳм аст.

Номаи аввал

Бародар Муҳаммадиқбол, ман «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и № 219-ро хондам. Пас аз хондан рафтам ба он суроға, ба он деҳа. Дар он деҳа бачаҳо аз деҳаи Дустии ҷамоати Рудакии ноҳияи Вахш бисёранд. Номи ин деҳа Ҳофизи шерозӣ аст. Ин деҳа бо номи 70 гектара маъруф аст. Бисёртар бо номи 70 гектара ё Дуканала мешиносанд. Ин қитъаи замин дар давраи роҳбарии Шодӣ Мусо дар соли 2011тақсимот шуда буд. Ва он қитъаи замин комилан замини обӣ буд ва ҳоло ҳам ҳамвор ва обӣ аст. Он вақт аз ин 70 гектар як қисмашро бурида ба мардум тақсим карданд ва қисми дигарашро ҳоло фурӯхта истодаанд.

Аммо ин кор як ҷинояти бузург аз тарафи мақомот аст. Чунки тақсим ва ба ихтиёри мардум барои сохтани хона ва истифодаи замину участкаи наздиҳавлигӣ додани замини обӣ дар Тоҷикистон қатъиян ман аст. Барои ҳамин аст, ки мегуям ман беҳуҷҷат ин ноҳияро13-район ном накардаам. Чунки қонунро ҳукумати ноҳия ва мақомоти он вайрон намуда истодаанд.

Дар ин қитъаи замин дар соли 2011 аз руи ариза ба 204 нафар 8 сотихӣ замин барои хона доданд. Лекин инҷо кору бор тамоман дигар аст. Ҳар вақте мардум аз ҳукумат ё ки ҷамоат замин талаб мекарданд, раисони ҷамоат пул талаб мекарданд.

Барои гирифтани участка дар ин қитъа мардум аз 600 то 1000 ва ҳатто 1200- 1500 доллар додаанд. Дар ин миён ройгону бепул гирифтаҳо ҳам ҳастанд, аммо шумори онҳо хеле кам аст.

Аз инҷо Дамонов Абдусалом на камтар аз 30 — 35 участка фурухту Достиев 15 то вале он тарафаш номаълум. Рости гап Кумитаи замин ва идораи архитектура ва Тоҷиддини раиси кумитаи замин 2 замини10 сотихӣ аз мактабро ҳам фурӯхтанд.

(Айни замон Дамонов Абдусалом дар побег аст, дар Русия қарор дорад. Вале ҳатман кумтаи замин ва архитектура ҳам инҷо шариканд).

Дар аввал инҷо маслиҳат байни ҳукумат ва мардум ин тавр буд.

Кадоме  пули хуб медиҳад мо ӯро дар наздики район замин медиҳем. Бечора мардуми камбағал овард дод сум, як хелаш ҳатто қарз кард, як хелаш подпросент гирифтанд. Карочи, мардум ба умед, ки замини назди ҳавлигӣ мегирем. Бо хости Худо ҳамон рӯзи тақсимот расид ва мардумро бурданду бурданд хеле дуру дароз яъне 14 километр аз наздикии район дур ва ба мардум гуфтанд, ки ана ҳамин ҷои шумо. Дар онвақт на раҳ буд, на барқ, на пул, на мактаб. Ин аҳволро мардум дида талхаашон кафид ва шикоятро сар карданд: «охир мо бо шумо ихели маслиҳат на кардем ку, ин пустиня ба мо чи даркорай, маслиҳат дигар буд, шумо дигар кор карден, канӣ роҳ, канӣ пул, канӣ барқ ва мактаб. Хулоса, якхелаш ноилоҷ гирифт ва як хелаш партофта рафтанд. Ҳар касе партофта рафт, гуфт аз саратон сабил монад ҳамон пулу ҳамон замин».

Он вақт ҳукумат ваъда дода буд, ки мо ҳамаашро худамон месозем: мактаб, роҳ пул, барқ ва трансформатор ҳам дар сари ҳукумат аст. Лекин ин ваъда ҳама дуруғ баромад. Ин ҳамаро халқи бечора бо сад азобу машаққат худаш мурда мурда кард.
Номаи дуввум

Дар маҳалли70 гектара ё Дуканал сокинони аз ҳама бештар азобу ҷабрдидаи ноҳия зиндагӣ доранд. Аввалин ҷабре, ки болои ин мардум омад хариди трансформатор ва сохтани пул буд. Сипас боз болои ин мардум сохтмони мактабро маҷбурӣ бор карданд. Барои бунёди мактаб аҳолӣ сарикасӣ аз 1500 то 2000 сомонӣ ҷамъ карданд. Аммо ин ҳукумати дар даруни нохунак тарафдори мардум ба ин мардуми азобдидаву ранҷкашида ягон чиз ёрдам накард. Баракс, кандаву гирифта аз инҳо хурданд ва хурда истодаанд. Масалан ҳамин пулро барои мошин сохтанд. Вақте сохтмони он қариб буд мешуд аз ҳукумат одам омада сурат гирифт ва гуфт аҳсан ба шумо ва имзои як чанд нафарро ҳам гирифтанд, гуё, ки ин пулро бо маблағи гарон худи ҳукумат сохта бошад. Ҳамин корро дар вақти шинонидани трансформатор низ карда буданд. Лекин мардум мегуянд, ки ин сурату имзоҳоро гирифтан аз тарафи ҳукумат, барои он аст ки аз хориҷа грант бигиранд. Гуё, ки ҳукумат сохта бошад. Охир, то кай ин мардумро зулм мекунед ва бо номи мардум пул мегиред?

Номаи саввум

Дар ин қитъаи замин ва дар ин деҳаи 70 гектара мардум бениҳоят дар азоб ва дар фанду фиреб буданду ҳастанд. Чи хеле дар номаи аввал қайд кардем Шодӣ Мусо бо командааш яъне Достиев ва Дамонов Абдусалом ва дигар одамонаш бо сад ҳилаву найранг замини зиёд фурӯхтанд.

Лекин дар ин ҷо вазъият боз ҳам харобтар аст. Масалан як қитъа заминро ба ду кас фурухтаву ҳуҷҷат кардаанд. 30% -и аҳолӣ ҳуҷҷат надоранд. Чунки ин авбошоне, ки дар қудрат буданд, ҳамаро дар сари як кас заданд. Он нафар бошад Дамонов Абдусалом аст ва айни ҳол Дамонов Абдусалом дар Русия дар побег қарор дорад. Чунки инҷо кор гуфти гапҳо хеле каша аст. Акнун ҳар касе шикоят кунад ҳама ба сари Абдусалом мезананд, аммо Абдусалом бошад, нопадид аст. Чунки бачаҳои 70 гектара бо кумаки коррупсия Абдусаломро аз барои фурӯши заминҳо аз ҳамин деҳаи 70 гектара дело карда буданд. Лекин пул доду баромада рафт. Охир чаро барои лайку дидани барномаҳо мардумро аз Русия даъват мекунанд ва ҳатто мебаранд. Чаро Абдусалом Дамоновро ҳаминхел намеоранд? Охир ӯ мардумро ғорат кардааст чаро ӯро намеоваред?

Яке аз корҳои беадолатӣ ин аст ки дар ҳамин 70 гектара як камбағалбачча омада аз ҳамин қитъаи замини №58 замин харид аз Достиев ва як хонаи майдаҳак бунёд кард. Гуфт зуд зану кудакамро бигирам биёрам. Хулоса, қариб, ки хонааш буд мешуд, ки ин замин соҳиби дигар пайдо кард. Соҳибаш ҳамон Темур будааст, ки дар барномаи 219-и номаҳо дар борааш гуфта шуда буд.

Ин камбағалбачча дар адир монд. Вай заминфурӯшҳоро фарёд карду гуфт, ки    «иҷа чи гапай, ин замин соҳиб пайдо кард»? Заминфурӯшҳо аз тарафи Достиев гуфтанаш, ки ҳамин пуле, ки ту бар мо додӣ, мо мардак ворӣ ба Темур медиҳем, ё ки баТемур замини дигар медиҳем. Чунки ту камбағал ҳастӣ, туро кумак мекунем. Дар аввал бачча розӣ шуд ва камтар пас Темур бо бачаҳои тағояш угрожат карданаш ва гуфтанд, ки аз замини мо тамоман даст каш. То ҳол ин замини номери 58 дар номи тамоман дигар кас буд. Ба Темур Эшони Баҳроми электрик, баччаи холааш гуфт накун ин корро ва ҳатто Дамонов Абдусалом гуфт эшони Темур накун корро. Чунки якум ин инки ба номи ту ҳуҷат накардаанд дар 7 сол ва дуввум инҷо хона рост шудааст ва севвум аз руй мусалмонӣ нест ин кори ту.

Темур гуфт, ки «ма ҳамай расходша метум мона брава». Аммо як тин пул надод Темур ба тарафи он камбағал гуфт «ма ҳичкаса зора накардам,ки хона куна дар инҷа». Дар он вақт ҳама лаънат кард ин Эшони касифро. Чунки ин хел камбағалҳо муҳтоҷанд ба замин, на балки тағадорҳо. Дар он вақт Темур, ки тағояш хусури роднояш аст, началники милиса буд дар Душанбе ва аммаҳояш кормандони Кумитаи замин. Барои ҳамин ин хел ҷинояти бузург кард Темур ва он заминро бо маблағи 55 ҳазор сомонӣ фурухт ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои апааш яъне паспорти апаашро дар сари камбағали хонахар зад, ки ту ҳамаи ҳаминро мекунӣ. То ин дараҷа бе инсофиро бубинед.
Хулоса, дар ин деҳа хеле гапҳо зиёд аст, ки аз ин ба баъд навиштан мегирем ба Ислоҳ.

Номаи чаҳорум

Бародар Муҳаммадиқбол чи хеле ман гуфтам, ки ноҳияи Вахш айни13-район аст. Ҳоло инҷо мебинем, ки дар маркази ноҳия ва дар гирду атрофи он чи мегузарад. Масалан дар ин 13-район мактаб ҳатто дар наздикии маркази ноҳия намерасад.

Дар ҷамоати Рудакӣ, мактаби № 3 тамоман бардак аст. Ҳатто замини мактабро гирифта хона карданд. Масалан устохонаи мактаби 3-ро. Ва аз дигар тарафи он ҳам вазъ ҳамин хел аст. Ҳоло ин мактаби 3 ҷамоати Рудакӣ маъруф ба оғилхона шудааст. Дару тирезаҳои мактаб аз даври қадим аст. Даруни мактаби № 3 ранги киноҳои ужас аст. Ҳоҷатхонаи мактаб тамоман расво аст.

Мактаби № 2 ҳам ҳамин хел аст. Заминашро хона карданд ва кудакон дар мактаби 2 дар даҳлез дарс мехонанд. Медонед барои чӣ? Чунки ними мактаби 2 -ро литсей ва пулакӣ карданд. Аммо маълум нест, ки он пулҳо куҷо меравад. Аз ҳар як кудак аз 150 то 250 ва 300 сомонӣ мегиранд. Ин нархи ҳармоҳа аст. Дар он литсей фарзандони мақомот ва пулдорҳо мехонанд. Барои ҳамин гарон аст.

Дар тамоми мактабҳо, ба истиснои мактаби №56 ҳамаи партаву столу стулҳо шикастагӣ аст. Аммо дар мактаби №56 ҳам заминфурушӣ ошкоро сурат гирифт.

Кудакистонҳо бошад тамоман кошмар, ҳама чиркину ҷазир. Мураббияҳои хуб кам дорад. Заминҳои кудакистонҳоро ҳам фурухтанд. Кудакони бечора бошанд дар азоб. Кудакҳоро дар ин кудакистонҳо шапуш зад, аз пушти чиркинӣ ва ифлосӣ. Ин вазъиятро ҳамаи мардум хуб медонад аммо ҷое барои шикоят ва арз кардан надоранд.

Вазъу ҳоли боғи истироҳатии ноҳия чи гуна аст?

Мо, дар маркази ноҳияамон 15 сол мешавад, ки боғ надорем. Ними замини боғро фурухтанд ва ними дигараш вайрону ҷазир хоб аст. Дарахтони боғро фурухтанд ва симу оҳанҳои онро ҳам ба савдо заданд. Боғи марказии ноҳия ҷойи истироҳат ва  гашту гузори мардум ва махсусан ҷавонҳо буд, аммо ҳоло вуҷуд надорад.

Бузургтарини стадиони футболи вилояти Қурғонтеппа дар ноҳияи мо қарор дошт. Айни ҳол канӣ он стадион? Онро ин мақомоти авбоши ноҳияи Вахш чи кор карданд? Бовар кунед ин даҳшат аст. Як қисми замини стадионро толори варзишии хурдакак сохтанд ва як қисми дигарашро ба идораи Тоҷиксуғурта доданд ва як қисми дигараш барои муассисаҳои давлатӣ: нотариус ва ЗАГС дода шуд.

Бинои ин идораҳо пештар дар дигар ҷойи ноҳия буд. Лекин он биноҳоро фурухтанд, ба савдо заданд ва аз пули давлат боз аз сар дар стадион сохтанд. Ана давлату давлатдорӣ.

Дар як қисми замини стадион сауна ё ки бо ном ҳамом бо гаремаш сохтанд, ки дар он ҷо бисёртар мақомоти баландпоя меоянд. Агар як кас бо зану кудакаш оббозӣ биёяд, дарав паспорт мепурсанд. Лекин мақомоти давлатӣ дар як мошин то 5 духтар бо худашон меоранд, қариб ҳарруз. Аммо ҳама хомуш. Дар ин гарем садои мусиқӣ баланд мондагӣ. Шабуруз руй рост арақу бангу наша мезананд. Як кас сухан намекунад. Барои ҳамин ман ин ноҳияро беҳуда отделний республика ё 13-район ном накардам. Вале императори мо Қурбони бех бошад, парво надорад, ки дар ин ноҳия чи гапу корҳо шуда истодааст.

Саунаи бо гарем сохтан иҷозат аст аммо сохтани масҷид на фақат дар худи маркази ноҳия ҳатто дар деҳаҳо ҳам манъ карда шудааст.

Номаи панҷум

Ҳар чи қадаре мо пештар меравем кошмар болои кошмар намоён шудан мегирад.

Дар ин 13-райони мо кучаҳо пур аз мусор аст. Латокҳои ҷуйборҳои атрофи  роҳ вайрон асту кучаҳо асфалташон аз давраи Дақёнус мондагӣ. Аммо ин императори мо -Қурбони бех бошад, кучаҳои зисти худу бародару апаашро асфалт мекунад. Ҳатто роҳи то сари қабри падару модарашро асфалт кардааст. То масҷиди деҳа аз қабри падару модараш 100 метр намонда буд, аммо онҷоро асфалт накард.

Ин аст симои воқеии ин номарди касиф.  Дар ин ноҳия кучаи Девонаевҳо ҳам асфалтпуш аст ва кучаи Шириновҳои домоди Раҳмонов ҳам асфалт аст.

Ногуфта намонад, ки дар ноҳия Девонаевҳо хеле зарари бузург расониданд. Генерал Девонаев Азизулло лимонарний цехро гирифта полнирост хароб карда дар он ҷо барои худаш двореци пурҳашамат сохт. Ва дар хонаи ин генерал чанд сарбозу офитсер хизмати ин оиларо мекарданд. Ҳоло ҳам бошад ба ҷои хизмат хизмати ин авлодро мекунанд ва шахсан ҳамин Девонаев Азизулло чандин сарбозро зада -зада девона кард. Ҳатто бачаҳояш сарбозонро мезананд.

Ин авлоди нодидаи Девонаевҳо бисёр ҳам нобакоранд. Агар маро бовар накунед, метавонед аз ҳамсояҳояшон бипурсед, аз мардуми ноҳия бипурсед. Айни ҳол бачаҳояш ҳам дар военкомат кор мекунанд. Бачаи хурдиаш сахт нобакор аст, аз ягон кас сари му ибо намекунад, на пир, на кампир, на мусафеду на мусияҳ мегуяд.

Нотарсида любой кор мекунад ва ҳич кас гап зада наметавонад. Бори дигар мегуям, ки ин ноҳия бе соҳиб аст. Девонаев Шарбатуллояш ҳам чунин аст.

Ноҳияи Вахш калонтарин ноҳия дар вилояти Хатлон ба шумор меомад, аммо дар даври раиси ноҳия буданаш Девонаев Шарбат ҳама фермаи гову молҳоро комилан нобуд кард, ҳамаашро шахсӣ кард ва баъд фурухт. Ҳатто Машъалро ҳам ҳамин Девонаев Шарбат фурухт, ҳатто калисои русҳо- церковро ҳам шахсӣ карда дар он ҷо мағоза -мойка ва дискотека сохта онҳоро ҳам фурухт.Ба маблағи 150 ҳазор доллар.Чунки дар маркази ноҳия буд. Баччаи Девонаев Шарбат Акбар дар шаҳри Бохтар замначалники ГАИ аст. Бисёр ҳам одами ҳаромхур, мисли авлоди нодидаи падараш, гуфти русҳо ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин кардагӣ аст. Савол чунин аст ки дар ин ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин Девонаевҳо ҷавоб мегуянд? Прокурори навтаъин метавонад ба прокурори вилоятӣ фармони тафтиш диҳад? Ё ин Ҳабибулло Воҳидзода ҳам пул гирифта дар фикри мусибати ин миллату мардум нест? Хуб натиҷаашро мебинем,ки чи мешавад.

Номаи шашум

Ба касе пушида нест, ки дар миёни ниҳодҳои давлатӣ яке аз фасодзадатаринашон   ин Кумитаи замин аст. Идораи меъморӣ-архитектура, МБТИ низ аз кумитаи замин монданӣ надорад.

Солҳои пеш дар ноҳияи мо раиси Кумитаи заминро «наски ворӣ» иваз мекарданд, ҳамчунин архитекторро. Аммо ҳозир инхел нест. Чунки усули ҳаромхурӣ дигар шудааст. Мисол пештар ҷиноят мекарданду ба қап мехурданд, пул дода мебаромаданду мегурехтанд ба Русия, ҳозир бошад ҳамааш тағаву криша доранд дуздони ноҳяи. Ҳар боре тафтишу санҷиш биёянд, пули нақдро мегиранд, обедро мекунанд дар ресторан ва мераванд. Ана ин аст кору бори ҷинояти қонунӣ ва паст рафтани онҳо. Кумитаи замин ва архитектура руирост пора мегирад. Барои мисол ягон кас меояд барои сертификати замин. Пули сертификатро қонунӣ месупорад ва назди сертификатдиҳанда меравад ва дар онҷо бошад хонум Бозоргул аст ва Бозоргул мегуяд, пули давлатии сертификатро додӣ, пули моро намедиҳӣ? Ана разбор руирост сар мешавад. Кадоме, ки саводи ин корҳора надорад, беразбор пула медиҳанд, агар пул надиҳӣ, бовар кун моҳҳо медавонанд. Кормандони Кумитаи замин ва идораи архитектура тамоман безпределанд. Раиси архитектура як патсани ҷавон, аслан дар ҷой кораш ӯро пайдо намекунӣ, номаш Тағоев Фарҳод аст. Патсани дируза дар муддати кутоҳ соҳиби мошини гаронбаҳо шуд. Боз мошинаш тимнит дорад. Ҳозир тимнит дар Тоҷикистон 6 ҳазор сомонӣ аст. Маошашон-1500 сомонӣ, обедашон қариб, ки фақат дар ресторан аст ва кор истироҳат ва арусбозӣ аст.
Ин кормандони Архитектура чунон фасодзада ҳастанд, ки ҳазор бор дар қап хуранд, боз мебароянд. Чунки тағаву кришаҳои бо қувват доранд. Аммо масъала ин аст ки

чаро мақомоти баландпоя ақалан як бор омада ин идораи фасодзадаро намесанҷад. Ин идораи фасодзада ноҳияро таҳти таҷовуз қарод додаву дода истодааст. Ман дурӯғ намегуям агар мардеду наметарсед аз Императори мо омада санҷед!

Дар Вахш шуъбаи милиса яке аз ҳаромхуртарин ва фасодзадатарин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст.

Махсусан Сардори ШВКД Ноҳияи Вахш полковник Истамзода Машраф Истамӣ,ки моҳи июни соли 2024 ба ин мақом таъин гашта аст. Тамоми нозирони минтақавиро долияи махсӯс баста будааст,ки ҳатман он маблағро бояд оварда ба ӯ супоранд. Кораш пулкандан ва ба занони ҳиҷобдор душмании махсӯс дорад. Рейдҳое мегузаронад,ки барои мардуми мусалмони ноҳия хело бад. Дар бастани масҷидҳо маҳорати хело зуру нотакрор дорад. Ҷавонони ришдори ноҳияро бе гуноҳ амри боздошт медиҳаду аз онҳо пулҳои калон меканад.Мегуфта бошед мусалмон набошаду аз кадом қитъаи дигари олам ба Вахш фиристодашуда бошад. Болои ҷиноятҳои ин нобурид кор карда истодаем ва бо фактҳои радношаванда дар номаҳои баъдӣ мефиристем.

Дар мавриди кормандони ГАИҳо оҳо тамоман як фатарот аст. Қапидагиашонро протокол мекунанд. Агар тағаву криша надошта бошӣ, ё ки пули хуб надиҳӣ, ҳатман протоколро бурда месупоранд, ана баъд даводаву ин тарафу он тараф гарданкаҷкунӣ. Яке аз ГАИшникҳои бераҳм Исҳоқ гуфтани ҷонвари зараррсон аст. Чанд бор аз кор мегирандаш, боз пул медиҳаду ба кор медарояд. 5-6 маротиба мешавад аз кор ӯро мегиранд, боз бо пул айнан дар ҳамон вазифаи қаблияш бармегардад. Худаш мегуяд, ки пул дорӣ, кор дорӣ.

Ин милисаҳо ҳамааш бераҳманд. Паспортний стол медароӣ, тамоман як дузах аст, метавон гуфт дузахро бо чашмонат дар ин шуъба мебинӣ. Аллоҳ шоҳид аст бисёриашон бесаводанд. Пули калон дода ба кор омадаанд. Пулро мегиранд, ҳуҷҷатро тайёр мекунанд, мегириаш, ки чанд ҳарф хато навишта шуда аст. Акнун ту боз пул медиҳӣ ва боз аз сар шиноснома месозӣ ва боз ҳам хато аст. Шоҳиди зиндаам як камбағал чор маротиба дар ному насабаш иштибоҳ карданд ва чор маротиба пул доду иваз кард. Ин кор ҳаррӯз ва ҳамеша ҳаст. Дар Вахш аҳволи мардум ҳамин гуна вахиму тоқатфарсо аст. Метавон гуфт Шуъбаи ВКД дар ноҳия як ҳаромхурхона ва гестапои ростӣ аст.

Номаи ҳафтум

Ҳама медонад, ки айни замон киштукори пахта яке аз пурмашаққаттарин кор дар Тоҷикистон аст. Чунки ҷуфту чизил карда мешинонӣ, об дода, чобуқу хишоваву ягона карда бо азоб дору дода ҳосил меруёнӣ. То инки ба ҳосил бирасад хеле кори зиёд дорад. Боз чидану ғун кардану хирман задану дар завод коркарди тоза кардан, чигиту прессу той ва кип кардан…ҳамаи ин кори тоқатфарсо аст. Ҳама ин корҳоро иҷро карда тайёр мекунӣ ва интизори харидор мешавӣ.

Дар ноҳияи мо як соҳибкор ҳамаи ин марҳалаҳои кориро иҷро карда интизори харидор буд. Ниҳоят як рӯз мебиёяд як харидор, хато накунам агар аз туркҳо буд. Аммо ин туркҳо нархи пахтаро арзон мекунанд. Соҳибкор розӣ намешавад ва мегуяд ман шитоб надорам, саросема ҳам нестам. Он туркҳо мераванд ба пеши Тахминаи Эмомалӣ,  духтари Президент, гуё кришакобӣ ба хотири арзон кардан. Чунки туркҳо ҳамара медонад, ки «чи гапай дар Тоҷикистон». Чанд вақт пас аввал Тахмина занг мезанад, баъд худаш меояд.

Тахминаи Эмомалӣ омада ҳасту нест накарда суи туркҳо мегуяд: «ҳамон пули гуфти ида, ин соҳибкор розӣ нашид мада теша, кипора боркун рав». Туркҳо ҳайрон мешаванд вале розӣ мешаванд. Таҳмина тарафи соҳибкор мегуяд: «агар фураҳо омаданд ягон гапи зиёд мезанӣ фураҳоро ҳам заправка мекунӣ, метӣ». Таҳмина лой-пулро суруп мегирад, меравад. Бовар кунед бародар Муҳаммадиқбол, ҳама дар шок мемонад ва ҳиҷ чи гуфта наметавонанд. Чунки инҷо, чуноне гуфтам 13 -район аст. Инҷо қонун нест, раҳму шафқат нест. Ана ҷумҳурии мухтор! Ҳамон туркҳо аз кори кардаашон сахт пушаймон мешаванд, аммо дигар дер шуда буд. Даҳшатро бубинед,ки духтари президент ба кори як деҳқон дахолат мекунад ва боз бе пул маҳсулоти ӯро мегирад. Ҳоло ҳам Эмомалӣ Раҳмонов президенти одил ва ғамхори миллат ва мардум мешиносед? Ин туҳмат ва дурӯғ нест ҳама ҳамсояҳо ва мардуми минтақа аз ин ҳодиса огоҳанд.

Номаи ҳаштум

Мо дар Вахш дар қафаси як авлоди нодидаи гушнаи бераҳм ғалтидаем. Вахш дуртарин минтақаи Қурғонтеппа дар давраи шуравӣ ба ҳисоб меомад. Дар инҷо падару бобоҳои мо солҳои шуравӣ омада буданд. Дар инҷо мо аз ҳамон солҳои пеш гову моли бениҳоят зиёд доштем. Аммо айни ҳол надорем, дошта бошем ҳам кам дорем. Аз ҳама дардовару таассуфуангезаш ин аст ки мардум аз инҷо хона-хона куч баста истодаанду Вахши зархезро тарк доранд.

Мо ҳатто дар ин дараву куҳу пуштаҳои дуру дароз ва душворгузар ҷойҳои бераҳ бо ҳама чизамон мактабу мағоза дар қафаси домоди Президент банд мондем.

Ин авлоди нодидаи касиф омада ин ҷойҳоро дида гуфт, ки ин мардум дар ин ҷо ҳамааш дар биҳишт гашта истодаанд, мо гаштем бе дарак. Ин гап аз забони додар аруси Президент Ҳоҷӣ Амирулло аст. Ва ҳамаро ҷазиру парокандасозиро сар карданд. Намояндагони ин авлоди касиф якум коре, ки карданд, ин буд, ки каме барои мардум роҳ сохтанд. Аммо маълум шуд, ки ин роҳ барои мошинҳои худашон будаст. Ва як бунгоҳи тиббии хурдакак ҳам сохта шуд, ки ин ҳам барои худашон будааст. Ва акнун ин дараву пуштаҳои дурудароз ва беҳисобро пора -пора карда тақсим карданд. Яъне чарогоҳ гуфта ба 10-ҳо кас дараву пуштаҳои дурудароз тақсим шуд. Ва ба ҳар заминдор трактор оварда заминҳоро окопи чуқур –хандақ канда тақсим карданд. Ва ҳар заминдор гову моли ин авлоди нодидаи касифро нигоҳубин мекунад ва ин заминдорон, аз касоне, ки замин надоранд, аз ҳар як бузу бузғола гусфанду бараашон аз 5-7 то 10-12 ҳатто 15 сомонӣ пул мегиранд ва аз гову гусолаву хару асп аз 10-12 то 15- 20 сомонӣ ҳар моҳ. Ин даҳшат аст, чунки ин мардум раҳму шафқату имону инсофро фаромуш карданд.То ин дараҷа пастиву разолатро мо надида будем.

Мо солҳои сол дар ин дараву куҳҳову пуштаҳои дуру дароз гову мол намечаронидем, ҳуй медодем, худашон мечариданд. Дар як руз, як бор, ду бор бо навбат нигоҳ мекардем, ҳозир бошад ҳар вақте бо кадом заминдор маслиҳат кардӣ, гову моли худатро нигоҳ мекунӣ. Чунки агар ин гову моли ту аз як замин ба замини дигар, худой накунаду гузарад тамом, ту аз 50 сомонӣ кам ҷарима намедиҳӣ. Чунки вай акнун андоздиҳанда аст ва ин андоз ҳамааш ба ҷайби ҳамин домоду аруси Президент меравад, вале штраф бошад ба ҳамон заминдорон. Ман гуфтанӣ ҳастам, ки ин минтақаро ҳамаашро ҷазиру пароканда карданд. Ногуфта намонад, ки онҳо наомада яъне пеш аз ин авлоди нодидаи касиф, мардуми одӣ то 80 сар гову гусола ва буқаву ғуноҷин доштанд ва ҳамчунин дар баробараш аз 70-120 то200-300 он тарафаш беҳисоб, моли майда яне бузу гусфанд доштанд. Айни ҳол бошад, ба Худо қасам як хелаш ҳеҷ чиз надорад ва ё бисёр кам дорад. Чунки вақтҳои охир аз дасти наҳсиву ҷанахсӣ ва пайи пойи шуми ин оила дар ин минтақа беборишӣ ва хушксолӣ  омадааст. Ва бо айби ҳамин Оила ҳоло байни тоҷику  лақай, қалуғу қатағану қунғурот, батошу дигар ақалиятҳо нофаҳмиҳо сар мезанад. Боварам кунед ин мушкилотро ҳам ҳамин хусурбачаҳои Президент андохтаанд. Охир мо солҳои дароз бо ин мардум зиндагонӣ кардаем ва ҳеҷ мушкиле ҳам надоштем.

Чунки омада дар ин минтақа бизнеси худашонро сар карданд ва ин мардуми нодону сиёсат бунобурдаро ба ғуломи худ мубаддал карданд. Ин гаронии гушту пуст ҳамаш айби ҳамин оилаи Раҳмонов аст.

Як чизи дигар

Аз минтақаи мо пештар мардум ба Русия кор намерафт, чунки гову моли бисёру беҳисоб доштанд, ҳозир бошад русиярав бисёр шудааст.

Ва дар ин ҷойҳои мо аксарият ҳуҷҷати хона надоранд. Он солҳои шуравӣ, ки ин хонаҳо сохта шуд, налоги хона арзише надошт. Чанд нафар ҷамъ мешудему ба налогчи як моли майда масалан буз ё бара медодем, онҳо иктифо карда мерафтанд.

Ҳозир бошад гап зада намешавад. Як гап бигуӣ, пури бузу шағолҳои ҳоҷӣ Амирулло ё ки дигараш. Ва онҳо дарав ва дар ҳол мегуянд, ки «э ношгри банда хап кун, ту чи намебинӣ, инҳо роҳ сохтан, об оварданд, бунгоҳи тиббӣ сохтанд.

Ин мардум ин қадар бесавод аст ки намефаҳманд. Инҳо ҳеҷ чиз аз ҳисоби кисаҳои худашон намесозанд. Чунки ин авлоди нодидаи чингизӣ ҳеҷ гоҳ дар фикри ободии ин миллату давлат набуд ва намешавад. Мақсад, ки бародар зулму беадолатӣ дар ин минтақа аз ҳама минтақаи Тоҷикистон бештар аст. Мо аз рӯзе, ин касифҳо омаданд ва ҳамаро ҷазиру хароб карданд, на ҳол дорем на рӯзи хуб. Ин Қурбони бех аз император ҳам вазнинтар будааст.

Номаи нуҳум

Ва, ҳоло омадем ба Қурбони бех, Қурбон Юсупов, раиси ноҳияи Вахш

Аввал ман ба шумо бигуям, ки дар ин ноҳияи мо шумори ҷинояткорон хеле зиёд аст. Аммо аз ин Қурбони бех бояд алоҳид ва зиёдтар гуфт, чунки ҷинояти вазнин зиёд содир кардааст ва то ба ҳол карда истодааст.

Чи хеле ман қайд кардам Вахш яке аз бузургтарин ноҳияҳо дар вилояти Хатлон мебошад. Чунки ин ноҳия садҳо корхонаву ПМКаву мактабу кудакистон ва колхозу совхоз, фермаҳои гову гуспанд, мурғхона-птицафабрика, сехи тавлиди лимонад ва ҳазорҳо гектар замин корам дошт. Пахтаи маҳиннах дар Тоҷикистон асосан дар Вахш руёнида мешуд. Ҳатто то ҳол дар ин ноҳия 2 ГЭСи обӣ дорем, ки 100% кор мекунад. Яке аз боғҳои истироҳатии калон дар қаламрави шуравии пешин дар ин ноҳия қарор дошт. Гаражҳои калони колхозу совхозҳо пур аз мошини корӣ, садҳо адад трактору булдозеру кранҳо дошт. Инҷо автобазаҳо амал мекарданд, автобус хеле зиёд буд. Каналҳои бисёр бо оби тоза, пулҳои болои онҳо барои убуру мурури мошинҳо. Бале, ин ҳама буд, аммо ҳама рафту несту нобуд шуд, бо дастони касифи ин намуд одамҳои ин оила

Бовар кунед, ки то ҳамин рӯз ин диктатори Раҳмонов дар Вахш одами худотарсу боинсофро раис намондааст. Ҳама одамҳои мондагиаш бесаводу беинсоф буданд.

Аз Сайвалӣ Нуров сар карда то ҳамин Қурбони бех ҳама ҳаромхуру дузд. Раиси имрӯзаи ноҳия яке аз бесаводтарин ва беинсофтарин дар таърихи ноҳияи Вахш аст.

Ҳама заминҳои обии минтақаи ҷамоати Кулоб -колхози Москваро аз худ кардааст. Ҳатто чарогоҳҳо ва чарогоҳҳои атрофи каналро аз худ карда гаражҳои пур аз мошину техникаро несту нобуд кард. Инҳо аз колхози Москва сер накарда боз даст ба ҷамоати Ваҳдат, совхози Вахш заданд. Хуни мардуми он тарафро ҳам кайҳо боз мемаканд. Бовар кунед, ки ин ҳолат даҳшат аст. Дар ҷамоати Ваҳдат, совхози Вахш ҳатто алафи лабҳои каналро чарониданӣ намемонанд.  Дар ҳақиқат мардумро намемонад,ки гову гуспандонашонро дар лаби об чаронанд. Мардум мегуяд, ки «охи иҷа лаби каналай, лаби канал аз замини увос аст аз об то 20  метр берун аст».

Ҷиянаш ё ки ҷиянҳояш бошанд, мегуянд, ки «ҳамааш аз они мо аст, о налога то байни канала метем, барои ҳамин ҳич касут ҳақ надорен». Ҳатто хору янтоқу газонро намемонад даравӣ. Мардум ба инҳо мегуянд, ки «иҷа ҳавзи моҳияй, ки шумо налога то байни канала метиен?» Дар ҷавоб Барот ё ки ҷиянҳои дигараш, мегуянд «охи шумо хору ҷантоқу газона мезанен мора экалогия омада штраф мекунад».

Саволи мардум, чаро қариб, ки инҳо ҳарруз моҳиҳоро ба ток- қувваи барқ дар рузи рушан мезананду як кас сухан намегуяд. Моро бошад дар лаби канали давлат гову моламонро чаронданӣ намемонед. Мо мардуми Дуканала куҷо равем, дигар ҳамаро шумо монополия кардаед. Дар ҷавоб Барот бо ҷиянҳояш «мода пофиг нестай куҷое мерен брен фақат дар лаби канал набинум тон, ки идоф аниқ на говта мебинӣ на гусфандотона»

Аҳволи ҳаррузаи мардуми Дуканала ё 70 гектара ҳамин аст. Чунки ин ноҳия комилан бе соҳиб аст.

Дар ин ҷамоати Ваҳдат, совхози Вахш Барот бо Қурбони Бех карйери сангу шағал дорад ва хеле заминҳоро чарогоҳ карда истифода мебаранд, мисли ҷамоати колхози Москва –Кулоб.

Ин Қурбони бех бо бародаронаш ҳамаро дар марказ  низ аз худ карда истодаанд.  Масалан замини поликлиникаи куҳнаро ба ном худашон гузарониданд. Ва баняи куҳнаро ба савдо заданд, ки ин ҳам дар марказ воқеъ аст ва замини бисёр дорад. Дар воқеъ масоҳати ҷойгиршавии ин баня ва замини он хеле калон буд. Ва дар стадион, дар бари баняи нав низ заминҳоро фурухт барои гарему дискоклуб. Ин корро шахсан худи Қурбони бех кардагӣ аст. Ва дар он замини поликлиника, ки аз они худ карданд, аз онҷо чанд хонаро хезониданд. Гуё дар онҷо дар генплан мағозаи Қурбони бех ғалтидааст. Вале  айни ҳол дар онҷо 6 оила зиндагӣ доранд. Лекин Қурбони бех барои ин 6 оила замини обӣ аз тарафи давлат ҷудо кардааст ва дар наздикии район. Ана бесоҳибӣ. Ва Қурбони бех ҳамон коллеҷи тиббӣ ва болнитсаашро ҳам дар замини обӣ сохта аст.

Қурбони бех дар текстил ҳам, ки дар маркази ноҳия воқеъ аст замин дорад ва дар онҷо чанд сол аст коллеҷи аграрӣ сохта истодааст. Хишти аввали онро ҳам Раҳмонов гузошта буд. Ин кор дар давраи Девонаев Шарбат шуда буд. Аммо Раҳмонов дар давраи Қурбони бех омада боз ҳам дар ин коллеҷ хишти аввал монд, ки мазоҳу масхараи мардуми ноҳия шуд. Чунки ҳамон схемаву коллеҷ ҳамон буд. Инро ҳама дид. Мардум гуфт, ки ин Қурбони бех тупой аст, аммо Раҳмонов бошад, чӣ? Бовар кунед ман ин ноҳияро беҳуда 13 район ном накардам.

Қурбони бех Раҳмоновро баъди санги асос гузоштан ба коллеҷ рост хонаи Бароти акааш мебарад, гуё, ки хонаи мардуми одӣ бурд, «захираи зимистона кардай, бинен ҷаноб». Аммо дар ин хона пешакӣ аз ҳама ҷо банкаву лубиёву мош ва картошкаву пиёз ва ғайраҳо оварда монда буданд.

Бародар Муҳаммадиқбол, бовар кунед, пас аз рафтани Раҳмонов аз хонаи Бароти акааш мардум қариб, ки байни ҳам ҷанг шаванд, барои онки банкаҳо перепутат шуданд.

Лекин Қурбони бех Раҳмоновро мактабу садикҳои вайронро нишон надод.

Кудакистони, №1 вайрону ҷазир ва комилан хароб аст,
Кудакистони№2 вайрону ҷазир ва комилан хароб аст,
Кудакистони №3 несту нобуд карда шуд,
Кудакистони №4 вайрону ҷазир ва комилан хароб аст.
Кудакистони №7 вайрону ҷазир ва комилан хароб аст ва дар ҳама кудакистонҳо ё садикҳо ҷойхоби ҷазир, деворҳои ҷазир, ҳоҷатхонаи мактабу садик ранги мабразҳои давраи аморати Бухороанд.

Дар ноҳия пул бисёр аст вале ҳамаи онҳо хароб ва дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Ягонтои инҳоро Қурбони бех ё Барот соз накард ва карданӣ ҳам нест. Чунки пулҳоро Қурбони бех ба манфиати корхонаву  сохтмонҳои худаш истифода мебарад.

Дар ноҳия чунон каналу забурҳо бисёр аст, лекин ин Қурбони бех аз 1000 тоаш шояд якта максимум 4-5 тояшро барои паказуха тоза карда бошаду тамом.

Ҳама медонад, ки ин намояндагони авлоди Қурбони бех ва махсусан худаш бесавод аст. Дар идора бе ғайр аз бародаронаш кори ин бесаводҳоро Махсуми Шамсуиддин пеш мебарад, чунки Махсуми Шамсиддин коргари куҳна ва каме бо таҷриба аст. Инро Бех ва Барот ҳам медонад. Бовар кунед ин авлоди Бех ҳатто ҷавонҳояш бе савод. Масалан Қурбони бех ҷиянашро раиси КЖКП  мондааст. Ҳатто ҳамин кори мусор тозакуниро наметавонад пеш барад ва аз тани ҷиянаш бланка-коғаз пуркуниро эшони Раҳмат мекунад. Чунки эшони Раҳмат чанд сол дар КЖКП раис буд. Ҳозир бошад эшони Раҳматро давлени зад, дар ҷогаҳ хоб аст.

Ҳама медонад, ки дар Тоҷикистон имзои раиси ноҳияву шаҳрҳо бо пул аст. Вале дар ин 13-райони мо ин вазъ аз ҳама бадтар ва бераҳмонатар аст. Масалан имзои қарор барои сохтмони хона ё замин дар давраи Девонаев аз 100 то 200 сомонӣ буд, ҳатто гоҳо бе пул ҳам имзо мемонд Девонаев.

Ногуфта намонд, ки Девонаев яке аз ҷинояткорони ашаддӣ буду ҳаст, аммо дар муқоиса бо Қурбони бех инсоф дошт. Вай дар 100 то 200 сомонӣ имзо мемонд ва гоҳо  бе пул ҳам мемонд.

Лекин имзои Қурбони бех бошад минимум аз 5000 сомонӣ боло. Ҳатто як хел вақт имзо тамоман намемонад.

Барои чи 5000 сомонӣ ? Чунки Қурбони бех худаш мегуяд, ки «ма ҳар касда ва ҳар чида имзо намемонум. Коми, ки бошад аз 5000 сар мешавад. Чунки ман ин вазифаро ба осонӣ нагирифтам ва ма бояд пулша брорум».

Агар ту бо ӯ рост бо воситаи шиноси наздик даромадӣ 5000 агар на ёфтӣ, бо посредник бошад аз инсофи посредник вобаста мекунад. Барои ҳамин аз 5000 боло бо посредник аст. Бале ин ҷиноятҳои вазнини Қурбони бех ва бародаранаш аст. Ин ноҳия беҳуда бесоҳиб ва 13-район ном надорад. Шумо моро дуруст бифаҳмед ва ногуфта намонад, ки ин яке аз ҷиноятҳои Қурбони бех аст, ҷинотяҳои Қурбони бех аввал доранд охир не!

Бовар кунед, ки ин Қурбони бех вақтҳои ахир тамоман аз худ рафтагӣ. Раҳмоновро хар ва аблаҳу аҳмақ кардааст. Дар чанд ҷо гуфтааст: «ма дили Раҳмоновро тавассути ҳоҷӣ Амируллову ҳоҷӣ Амонулло ёфтагиюм. Онҳо ба Азизмо подаркаҳои мара бурда мерасонан. Барои ҳамин ма дига императори Вахшум. То вақте апаи Азизмо ҳастай ма императори Вахш мемонум».

Ps: Хуб чуноне аз вазъияти Вахши зархез огоҳ шудем хеле вазъаш табоҳ ва бе қонуният дар он ҳукмфармост. Чуноне аз суханони худи Императори Вахш Қурбони бех бар меояд инҷо дигар сухани Прокурори навтаъин ҷойи худаш, ҳатто гапи Эммомалӣ Раҳмонов намегузарад. Чунки ин ноҳияро Азизмои газетхонак бо бародаронаш ва гоҳо Таҳминаи клиопатра ҳам идора мекардааст. Вақте чунин аст пас дигар наҷоти шумо танҳо дар рафтани Раҳмонов аст. Чун,ки дигар ҳеҷ касе ба доди ин мардум расидагӣ кардан наметавонад.

Сообщение Императори Вахш-Вахш ноҳия аст ё ҷумҳурии худмухтор? появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №219
Масъалаи фурӯши замин дар Тоҷикистон ба як мушкилоти ҳалнашуданӣ табдил шудааст. Чунки фурӯши замин як манбаъи асосӣ ва даромади аслии раисон дар ноҳияҳо аст. Ин масъаларо борҳо дар ҳукумат диданд. Ва худи Раҳмонов ҳам чандин бор дар борааш гуфта буд. Аммо чаро ислоҳ намешавад? Чунки, ончуноне гуфтем заминфурӯши бизнеси асосии раисони ноҳияҳо аст ва ҳамин раисони ноҳияҳо ҳастанд, ки қарори додани заминро имзо мекунанд. Ва ҳатто як порчаи заминро ба ду кас ҳам фурӯхтагианд:

«Ман ин заминро аз як амниятӣ харида будам, чанд соли пеш. Аммо маро он амниятӣ кидат кард, агарчи ҳуҷҷатҳо 100%».

«Замини ба номи ман ҳуҷҷатгузорӣ шударо кумиати замин боз ба як нафари дигар фурӯхтааст. Каси дигар ҳоло ҳуҷҷат карда истодааст. Чунки дар пушташ худи раиси ноҳия меистад».

«Замини ҳуҷҷат шударо аз нав фурӯхта истодаанд. Ман боз МБТИ санад дорам, сертификат дорам, техпаспорт-паспорти техникӣ дорам. Аммо, нафари даъвогари ин замин пули калон хурондааст»

Бо чунин мазмун ва мисли ин навиштаҳо ба мо зиёд меояд,ки албатта, бо навбат мунташир шуда истодааст. Бадбахтона, ингуна номаҳо, ки ҳикояти заминфурӯшии масъулинро мекунанд, аз ҳама навоҳии кишвар мерасанд. Имкон надорад, ки маслан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ надонанд. Ба назар мерсад, ки худи онҳо ҳатман шариканд дар «доля». Барои таъйиди ин иттиҳомамон мо далел дорем ва далели мо нома аз ноҳияи Вахш аст:

Вахш

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Нома аз ноҳияи Вахш. Ин ноҳия яке аз ноҳияҳои бузург дар вилояти Хатлон буд. Аммо имрӯз ин ноҳияро хелида фасод карданд ва карда истодаанд. Масалан ҳаромхуриву коррупсия, тағабозӣ ва беадолатӣ дар авҷ аст. Дар ноҳия садҳо мактаб носохта ва таъмир нокарда аст, роҳҳо ҳам ҳамчунин. Раиси пешинаи ноҳияи Вахш Девонаев ҳамара фурӯхт ва ҷазир кард, ҳатто Машъалро ҳам. Имрӯза раиси ноҳия Қурбони бех ё Қурбон Юсупов роҳ сохт, аммо барои худаш, то қабри падару модараш асфалт кард. Лекин барои кучаҳои ноҳияи Вахш бошад ҳеҷ кор накардааст. Ин ҳам бошад мисли Девонаев ҳамаи заминҳои маркази ноҳияро аз худ карда истодааст.

Ман зодаи ҷамоати шаҳраки Вахш астам. Дар хонаи як ҳуҷраӣ зиндагӣ мекардем. Баъди зангирӣ Русия рафта кор кардам. Омада замин харидам барои хона ва зиндагӣ кардан. Заминро аз Ташрипов Файзулло ба маблағи 20.000 сомонӣ соли 2017 харидам. Дар вақти сохтани хона аз идораи архитектура омада гуфтанд, ки Файзулло дар инҷо насоз. Чунки тибқи генплан нест.

Аммо Ташрипов Файзулло саркашӣ карда гуфт месозам ва маро низ гуфт «бисоз. Маро баччаам дар Кумитаи амният кор мекунад. Ман ҳамаашро худам ҳал мекунам ва ман ҷавоб мегуям.Чунки амниятиҳо любой кора ҳал мекунанд, кори ту набоша усушда ва ҳечкаса гуш накун фақат бусоз тамом».

Хулоса, ман сохта буд кардам ва дар асоси сертификати додаашон хонаро МБТИ кардам,техпаспорт кардем, қонунӣ дар номи Файзулло. Баъд аз он бо воситаи идораи давлатии нотариус аз номи Файзулло ба номи ман қонунӣ гузарониданд.

Акнун аз ҳолати асосӣ гап мезанам.

Баъди ҳамаро қонунӣ харидан ва зиндагӣ кардан, як сол баъд маълум мешавад, ки хонаи сохтаи мо дар болои раҳ будааст. Бубинед, ки ҳатто МБТИ ҳуҷҷат кард, соҳиби техпаспорт шудам аммо ҳама санадҳо хато будааст, хато кардаанд.

Ин ҳукумат ин қадар бе савод аст? Ва он замине, ки дар бари хонаи ман аст аз они ман аст -сад дар сад аз руй ҳуҷҷат ва ин гапро Идораи архитектура вақте сохтан нагуфта буд. Аммо, акнун он замин соҳиб пайдо кард. Соҳибаш ҷияни корманди кумитаи замини ноҳияи Вахш аст, яъне ҷияни Бозоргул аст ва ҷияни Бозоргул дар ин қитъаи тақсимот 2 замин гирифта аст. Аз як хона ду кас. Ба маблағи 300 доллар ва ба маблағи 500 доллар. Як духтарашро инвалид гуфта ва дигарашро бевазан, гузаронидаанд, албатта бо ёрдами Дамонов Абдусалом яке аз ҷинояткори номии ноҳияи Вахш дар фурӯши заминҳо.

Аммо ин ду духтар барвақт шавҳар карда рафтаанд. Лекин ин корҳои нохалафу ҳаромхуриро бародарашон –Темур, ки дар хариду фурӯши заминҳо кору фаъолият мекунад, ҳамон кардааст. Чунки дид фоидаи хуб бадаст овард бо ҳамроҳии амааш аз кумитаи замин ва шавҳари аммааш, ки дар Алфа кор мекунад. Аз кумитаи архитектура бошад бо Фарҳод ва Ҷамолиддин. Амаки Фарҳод бошад дар идораи суд кор мекунад. Хулоса ин Темур як заминро ба маблағи 55 ҳазор сомонӣ фурӯхт. Ва ҳамаи харҷи ҳуҷҷаташро дар сари харидори камбағал зад. Бечора ноилоҷ ин камбағал даводав карду ҳуҷҷат сохт. Ва дуюм замине, ки хонаи ман аст ва ман, ки аз Ташрипов Файзулло харида будам ва ман ҳам ҳама намуди ҳуҷҷатро карда бо воситаи нотариуси давлатӣ ин заминро гирифтам. Ин заминро ҳам Темур   ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ фурӯхт, боз ба як камбағали дигар. Айни ҳол 80 ҳазорашро гирифтааст ва гуфтааст, ки «ма одам дорум ва одам дорем дар любойҷо, ҳатто дар Душанбе ва ма аз болои ҳуҷҷатҳо ҳуҷҷат карда метум, чунки дар Тоҷикистон қонун ин пулай ва таға ҳама ира медона». Темур гуфт аст ки   Алишер заминро тибқи қонун аз Файзулло харид « ма записуша дорум»

Дар назди клиентҳояш ҳамин хел гуфта мегаштааст. Яъне ба заминхарҳо Темур ҳамин тавр мегуфтааст. Яъне аз эшон буданашон ва аз касалӣ доштанашон суи истифода мебаранд. Дар ҳамаи ҷо замин доранд, масалан замини президентӣ ё ки саҳмия ва ё ки замингирӣ аз давлат бо ариза. Ҳатто дар Душанбе замин доранд ва дар бозори Корвон ҳам. Ин суханони худи Темур аст.

Ман гуфтаниам, ки дар ноҳияи Вахш чунин ҳаромхурӣ ва коррупсия дар авҷ аст.

Агар Темур ислоҳ нашавад номаи дигарро ҳам менависам.

Ташрипов Файзулло гуфта буд, ки фарзандам дар кумитаи амният кору фаъолият мекунаду «ҳамаша ҳал мекунум», аммо ягон чораи ҷиддӣ надид. Баъд бо вай   гапҳоямон гурехт. Ман ӯро ба коррупсия додам. Коррупсия корро ҳал накард.

Коррупсия гуфт, ки «бра прокуратура корта ҳал мекунад». Коррупсия ҳатто ҷавоби аризаи манро надод.

Рафтам ба прокуратураи ноҳияи Вахш аризаамро додам.

Пас аз он бо хонаи Файзулло рафтам ва гуфтам «биё кор ба хубӣ ҳал шавад». Бо бачаш дар алоқа шудем. Бачаи амниятиаш гуфт: «куҷое мерай бра арзу шикоят ку, ма кори отама ҳал мекунум, чи хеле, ки кора дар коррупсия ҳал кардум, дар любойҷо ҳал мекунум. Бра бугу пракрорай судай инами бачай амниятиш ами хели гуфт, номи мара бигир, номи ман Файзуллозода Рустам».

Номи пешинааш Ташрипов Рустам Файзуллоевич буд. Яъне ному насабашро тағйир додагӣ аст. Хулоса, прокуратура корро ба суд дод. Суд маро даъват кард, гуфт, ман ҳамаи корро гуфтамаш. Ва суд гуфт, ки оё намешавад ин корро ба хубӣ ҳал кунем? Чунки ин замини ҳуҷҷат шудагӣ, ба тамоми қоидааш. 100% ба номи ту аст, тамом ва ҳатто МБТИ яъне техпаспорт карда шудааст ва ин замин нест, ин хона шудагӣ аст.

Ман гуфтам, ки омодаам, розиям, аммо онҳо падару писар амал намекунанд. Хулоса суд гуфт ин кори ту 100% ба манфиати ту будааст. Ва ин хона аст, замин нест. Вале вай аз ту замин талаб дорад, яъне Темур. Замини ӯро аз дигарҷо ёфта бидиҳанд.

Ва дар инҷо ман ба амнияти вилояти Хатлон рафтам ва гуфтам, ки коргаратон ана ҳамин хел ҷиноят карда истодааст бо ҳамроҳиии падараш. Ҳатто ариза навиштам. Кураторашон бо номи Анушервон гуфт, ки мо чораашро мебинем, аммо дар онҷо ҳам ҷиддӣ чора надиданд.
Хулоса, дар суд ман бо Рустам Файзуллоевич вохурдам ва модарам ба Рустам гуфт, ки «айбро намедонӣ, ин корҳоро мекунӣ? Ба хубӣ ҳал карда намешавад»?   Рустам амниятии зирак дид, ки мо фаъолона кор карда истодаем зуд розӣ шуд.

Дар аввал гуфта буд, ки «бра любойҷо арзу шикоят ку».Ман ва модарам гуфтем, ки то Президент меравем, то ҷаноба меравем. Дар ҳол Рустами Файзуллои амниятӣ розӣ шуд ва ман аризаамро гирифтам аз суд. Рустами амниятӣ гуфт «исуш кори ма уқа коре нест».
Аммо то ҳозира кор ҳал нашуд. Аз соли 2020 то имрӯз.
Ҳозир бошад ҳоло ман хонаамро буд накарда фурӯши он замин давом дорад ва Рустами Файзуллои амниятӣ бошад охирон бор соли 2023 ҳамроҳаш гап задам  гуфт, ки гап ҳамон гап «бра любойҷо арзу шикоят ку ма лбойша задагиюм амният қати сарта намон».

Охир мо чикор кунем дигар? Суд, прокуратура, коррупсия, КДАМ боз ягон ниҳоди дигар ҳаст равам шикоят кунам ? Яу бародар гуфт пас аз ин ҳама «Ислоҳ» мондаги аст. Гуфтам ба шумо нависам , то ҳамашон якбора бубинанд корро. Прокурор нав шудааст мегуянд инсони хуб аст яке кори моро ҳал мекунанд. Хаста шудем аз пушти ин кормандҳо ва тағадорҳо дар мақомот. Охир мо мардуми камбағала футболмон мекунен?

Бохтар (Қурғонтеппа)

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва  баракатуҳу устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман мудири тими «Ислоҳ» дар Бохтар аз Заргар Стаханов.

Ҳозир Раҳмонови ғоратгар дигар роҳ надорад, ки ҳамаи дуруғҳояшро пушонад роҳ гирифтааст, ба суйи масҷиду муллоҳо.

Ҳар рӯз муллоҳоро ба маҷлис ба ҷамоати Заргар ва ба Бохтар фарёд мекунанд. Муллоҳо панҷ вақт дар масҷид неву дар маҷлиси шайтонии сохтаи Раҳмонов  ҳастаанд. Бисёр аз муллоҳо дар тарс ҳастанд, чунки ин муллоҳо қисми огоҳкунандаи миллат ҳастанд.

Дар масҷидҳо шуруъ аз моҳи январи соли 2025 таърифу тавсифи интихоботи вакилони маҳалӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ рафта истодааст.

Ҳамаи номзадҳои вакилони парлумон суратҳояшон бо сурати Раҳмонови хабис дар дохили масҷидҳо насб шудаанд.

Раиси маҳала-Кенҷаев Адҳам, учасктовйи маҳала-Толибов Суҳроб, имомхатиби маҳалла-Тошпулотов Нозимҷон Эминҷонович, директори мактаб-Махсумов Насим Ҳошимҷонович ва чанд чоплусу кунлеси Раҳмонови террорист дар маҳалла маҷбурӣ райъҳои мардумро дар бюллетенҳо ошкоро гирифта истодаанд.

Муаллимони мактаби маҳала шурӯъ аз аввали моҳи январи ҳамин сол мардумро руйхат карда, овозҳоро доданд, гуфтанд, ки омадани мардум ба ҳавзаҳои интихоботӣ дуруғ ҳаст, ошкоро муаллимон гуфта истодаанд.

Дар маҳалла қувваи барқ умуман нест, оби нушокӣ нест, бозорҳо ҳама қимматӣ, ҷойи кор нест. Ман чанд рӯз шуд, аз Русия омадам, фикр кардам дар Афғонистон ё Сурия ё Фаластину Ироқ ҳастам. Ҳолати мардуми Тоҷикистон дар сатҳи пасти ғайриинсонӣ қарор дорад. Валлоҳӣ қасам мехурам Тоҷикистон аз Фаластин ҳам дар сатҳи паст қарор дорад. Амниятиҳо ва дигар чокарони Раҳмонови хабис моро метарсонанд бо ҳар роҳ аммо мо наметарсем. Ҳамаи номҳои амниятиҳо бо суратҳояшон ва бо суратҳои зану модаронашон дар дасти тими «Ислоҳ» ҳаст. Дар вақти лозимӣ монанди худашон бо худашон бархурд мекунем. Дар умум дар хона   чордаҳ нафарем. Мо дар интихоботи вакилони халқ иштирок намекунем ва мебинем агар Рустами герчик гузашт маълум мешавад, ки ҳамааш тақаллубкорӣ ҳаст. Дар маҳаллаи мо чорсаду ҳафтод хоҷагӣ мебошад. Инҳо ҳамаашон зидди Раҳмонови қотил мебошанд, ба Раҳмонов тоҷиккуш овоз надоданд ва овоз намедиҳанд.

Ҳой қорӣ Нозим аз Худо тарс! Барои чи ба амниятиҳо мегуйӣ, ки ман нома нависҳоро меёбаму ба шумо медиҳам. Аз ҳаминҷо маълум шуд, ки ту як буз ҳастӣ. Дар масҷид, ки хонаи Худо аст, номанависонро мекобӣ ва сухани Раҳмонови валадизинора мегуӣ. Ба ту мегуям, ки ҳой қорӣ Нозими буз. Ман дар ҳар намози ҷумъа дар ру ба руи ту ҳастам, боз дар анҷоми намоз бо ту салом мекунам, ту аз Худо битарс. Ту боз занатро дар байни занҳо мондаӣ, ки номанависонро ёбад. Қории номуҳтарам аз занат маҳрум мешавӣ, он рӯз наздик ҳаст ин ша Аллоҳ.

Рӯзи 24 январи 2025 баччаи як бузи амниятро мошин зад мурд. Номи ин буз Сатторов Алишер бо лақаби Алишер Вандам мебошад, бародари Сатторов Саймир. Ин Саймири бародараш буз офитсиално КГБ мебошад. Мардумро ба ҳама мақомоти дузду қотили Раҳмонов мефурӯшанд.

Директори мактаби маҳалла Махсумов Насим Ҳошимович рӯзи 27,28 январ ва 2,3,7 феврал маҷлис кард. Мегуяд, ки як саду панҷоҳ сомонӣ барои мактаб аз сари ҳар як оила ҷамъ кунед. Дар дар хонаи мо шаш оила ҳаст бояд 900 сомонӣ ҷамъ карда бидиҳем. Ин пулро барои он ҷамъ мекардааст, ки дар байни мактаб, дар саҳни пеши он ду корпуси ду ошёна месохтааст. Барои он ин пулро ҷамъ мекунад, ки аз куҷое, фаҳмидаст, ки аз директорӣ мегиранаш. Ҳафтод ҳазор сомонии додаашро бигираду гурезад, ба монанди Бобоев Садриддин Амонуллоевич. Ба Худо қасам нони хурдан надорем, маҷбурӣ бояд ин пулро диҳем.

Агар ҳамаи мардуми маҳалла беномус шаванд, ман беномус нестам. Ман ба мухолифон ҳамфикр ҳастам. Ман мудири тими «Ислоҳ» дар минтақаи Бохтар ҳастам. Мардумро ба инқилоби озодӣ мехезонам, агар амниятиҳо моро парронанд, падари ман собиқадори Фронти халқӣ ҳаст. Шогирдонаш дар тамоми мақомот ҳастанд, ниқори маро мегиранд.

Волгорад

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Имрӯз, чун одат, вақте сайтҳои нашрияҳои Тоҷикистонро мурур мекардам, чашмам ба як навиштаи нашрияи СССР афтод. Дар ин навишта аз набуди барқ ва инки миёни суханҳои масъулини соҳа ва воқеият фарқи калон  ҳаст сухан меравад. Ин матлабро аввал,айнан, чи хеле ҳаст, пешкаши аудиторияи бузурги «Ислоҳ» мекунам ва сипас фикрҳои худамро дар ин бора мегуям:

« Барқ, Барқ, Барқ…

19.02.2025

Давлаталӣ Ахмедов,        хонандаи ҳамешагии газетаи СССР, собиқадори соҳаи маориф аз н.Вахш бо идора дар тамос шуда (тел: 931613734), дар бораи тақсимоти ноодилонаи қувваи барқ изҳори норозигӣ намуд.

– Ҳарчанд борҳо дар ин бора мегӯянду мегӯем, аммо натиҷае намедиҳад. Дар рӯзномаи «Тоҷикистон» хонда будам, ки сар карда аз моҳи феврал тақсимоти қувваи барқ ба 7 соат мерасад. Аммо мо, ки дар ноҳияҳо зиндагӣ дорему аз марказ дурем, на 7 соатро мебинему на 5 соатро. 1,5 соат субҳ ва 2,5 соат бегоҳ барқ дорему халос. Хоҳиш мекунем, ки ақаллан дар рӯзҳои сард барқро мувофиқи тақсимоташон ба мардум дастрас намоянд. Бе барқ дар рӯзи зимистон ҳеҷ коре наметавон кард. Кӯдакони бемори зуком ва пирони касалмандро нигоҳубин мебояд. Аммо аз ин бебарқӣ гуфтанҳо на дигаргуниро мебинему на барқи кофиро. Магар дар ин боронгариҳою барфҳо ҳоло ҳам норасоии обро баҳона доред(м)?!»

Ин буд он навиштаи нашрияи мазкур.

Ман дар ин бора чи гуфтаниям?Дар ҳақиқат бебарқиву торикиву сардӣ ба ҷони мардум задааст. Ба болои ин фиребу дуруғгуиҳои мақомои соҳа мардумро сахт асабонӣ кардааст.

Аз матбуот ходем, ки вазири энергетика чанд бор гуфт, ки қувваи барқ ба аҳолӣ аз соати 5-и бегоҳ то 10-шаб ва аз 5-и субҳ то ҳашти саҳар дода мешавад. Яъне иқрор карданд, ки режими таъинамудаи давлат дар шабонарӯз ҳамин қадар аст. Аммо хабарҳо аз хешу табор мерсад, ки субҳ аз 6 то 7уним ва бегоҳ аз 6 то ҳашт, ҳаштуним медиҳанд. Яъне дар як шабонарӯз ҳамагӣ 4 соат.

Ман бовар надорам, ки аз ин вазъу ҳол Раҳмонов хабар надошта бошад. Вале пурсиданиам, ки агар 8 соат ржим бошад, пас чаро он чор соат шудааст ва ҳамарӯза чор соат барқи тамоми кишварро куҷо мебаранд ва ба кӣ медиҳанд? Кӣ бовар мекунад, ки бе иҷозати Раҳмонов масъулин 4 соат барқи мардумро намедиҳанд? Пас, гапи мардум, ки мегуянд неруи барқи мамлакатро Раҳмонов ба хориҷа мефурӯшад, рост будааст.

Ҷаббор Расулов

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбл! Умедворам хубу сиҳату саломат ҳастед. Ин номаи 2-мин аз ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад. Мо мардуми ин ноҳия аз зулму азоби ин ҳукумат бо сардории Эмомалии золими ватанфурӯш ҷонамон ба лаб расидааст. Мардум намедонанд, ки чи кор кунанд ва ба кӣ шикоят кунанд? Ҳатто ҳақи худро талаб карда наметавонанд.

Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек деҳаҳои Зарафшону Маданият ва Тоҷикободро, ки дар назди марз воқеъанд, маҷбур кардааст, ки дар хоҷагиҳо  пахта коранд, то ҳатто таҳдид бо амнияту прокуратура кард:-«агар пахта накоред говсуд мекунаматон» ,гуфтааст. Охир мардум аз пахта фоидае намегиранд. Он доруҳое, ки   барои рушду нумуъи пахта истифода мекунанд, аз ҷумла (селитра, карбамид, аммофос) бениҳоят қимат мебошанд. Об нест, ки пахтаро обёрӣ кунанд. Расходе, ки мекунанд фоидае намегиранд.

Шукрона кунед мегуяд, он касифи дар болонишаста. Мо шукронаи чиро кунем? Шукрона кунем, ки Эмомалии касифи ватанфурӯш як қисми ноҳияамонро ба қирғизҳо фурӯхт? Шукрона кунем, ки дар ватан кор нест, барқ нест ва ҳама чи гарон? Шукронаи чиро кунем?

Ин ҳукумати золим мо сокинни даҳеҳои наздимарзиро аз ватан беватанамон  карда истодааст. Аз деҳаи Маданият ин ҳукумати хунхор аз канал боло 1300 гектар замин ва як заставаро, ки бо ёри ин мардуми деҳа сохта буданд, дар тақсимоти марз барои Қирғизистон фурӯхт. Ва ин деҳаро мисли Ворухи Исфара ба анклав табдил дод. Ин Эмомалии касифи ватанфурӯш сари моро таслими қирғизҳо кард. Худованд хору залилат гардонад Эмомалии ватанфурӯш.

Ман аз истиқоматкунандагони боғайрату шуҷоъи деҳаҳои Зарафшону Маданият ва Тоҷикобод эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки бедор шавед. Биёед якҷо шуда аз ҳақи худ дифоъ ва аз мардуми Тоҷикистон даъват мекунам биёед якчо шуда ин ҳукумати золим бо сардории Эмомалии касифи ватанфурӯшро сарнагун созем ва ояндаи ватани худро бо дастони ин мардуми боғайрат бисозем. Вақте ки заминҳои деҳаи Маданиятро ба Қирғизистон дод нафрати мардуми ин ноҳия бар Эмомалии касифи ватанфурӯш боз ҳам бештар гардид. Ин Эмомалии ватанфурӯш қисми Бадахшонро ба Хитой ва қисми Исфараро ба Қирғизистон фурӯхт бас набуд, ки боз аз ноҳияи Ҷаббор Расулов заминҳоро фурӯхт. Ин шо Аллоҳ  рӯзе мерасад, ки номи Эмомалии  ватанфурӯш дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун хоини ватан ва миллат навишта хоҳад шуд.

Бародар Муҳаммадиқбол! Номаи якумини моро дар барномаи 210-уми «Номаҳо аз ноҳияҳо» пахш намудед, хело хушҳол шудем.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ин номаи моро дар барномаи наздиктарин пахш намоед.

Ёвон

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз ноҳияи Ёвон,аз Чорум совхоз, аз ҷамоати Ситораи сурх.

Дар ҳамин айни замон мардумро бениҳоят зулм карда истодаанд. Якум зулми онҳо дар бораи сатру ҳиҷоб аст. Вақте занҳо ба духтурхонаи ноҳияи Ёвон мераванд, аввалин саволи онҳо ин аст ки медонӣ, ҷаримаи сатру ҳиҷоб аз 3000 сомонӣ то 10000 сомонӣ аст? Ва ҷарима мебанданд ва ҳамин хел мардуми мазлумро метарсонанду халос.

Дар мактаби рақами 33 деҳаи Зафаробод мардумро маҷбур мекунанду халос.  Онҳо ба  хонандагони синфҳои 1аз як ҳар деҳа мардумро фармон медиҳанд, ки печка харед. Агарки нахаранд кудакҳо аз хунукӣ мариз мешаванд. Ва боз талабаҳоро маҷбур мекунанд, ки барои мактаб тапак биёред. Директори пешинаи ин мактаб Обидова Давлатпочо буд ва ин зан падару модарҳоро сахт истисмор мекард. Ангиштҳои мактабро сортировка мекарду медуздид ва ин зан пенсия баромад. Дар ҷойи вай дар ин мактаб як ҷавонро монданд. Ному фамилияаш Халилов Наврӯз мебошад. Феълан ин директор хуб кор карда истодаст.Раиси тоза таъини ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода умедворем ислоҳотро аз мактаби мо шурӯъ мекунанд.

Дар охир аз Худованди маннон талаб дорам, ки муборизонро пирӯз бигардонад омин…

Ваҳдат

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол.

Дар шаҳри Ваҳдат як мактаб ҳаст ба номи Тережкова. Директори мактаб ҳар як хонандаро маҷбур карда истодааст, ки 200 сомонӣ оваранд. Гуфтааст, ки бо ин пул майдони мактабро таъмир мекунем. Охир ман зани танҳо, шавҳар надорам, аз куҷо 600 сомонӣ супорам? Кор нест, ҳама гаронӣ. Баъд мегуянд чаро занҳо бероҳа мешаванд ва аз Худо наметарсанд. Маҷбур доранд, ки  ҳатман пулро супоред. Ин фармон аз боло будааст. Ба куҷо шикоят кунем? Аз кӣ имдод ҷуем? Ба вазорати маориф? Ба прокурори нав таъиншуда? Беҳтараш ба «Ислоҳ» менависем, ҳатман агар ҳақиқат ва адолат бошад, мебинанду ин зулмро мебардоранд аз сари мо модарони танҳо.

Рудакӣ

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Ман яке аз мухлисони шабакаи «Ислоҳ» ҳастам. Худоро шукр мегуям, ки як чунин расона ба дарду доғи мардум расидагӣ мекунад. Домуллои азиз, мо як гурӯҳ кормандони ҳукумати ноҳияи Рудакӣ мебошем. Ин номаи мо дар бораи сабзӣ бадастӣ, ливотат аст. Мутаассифона, ҳатто раиси ноҳияи мо, ки пештар ҷонишини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон буд аз ҳамин зайл одамҳо будааст. Ин раиси мо Ҳикматуллозода Абдуғаффор ном дорад. На танҳо вай, балки бархе аз зердастонаш ҳам ҳамин гуна маризӣ доранд. Инҷо исму насаби онҳоро ошкор мекунам.

Мудири бахши фарҳанг Рустамҷон. «Дуст»-и наздики раиси ноҳия, рақами1 аст.

2 ёрдамчии раис Исматуллоҷон. Исомиддин, сардори шуъбаи кадрҳо.

3,Ҷасур роҳбари ОКС-сохтмони асосӣ 4. Ҷасурро хеле зиёд дуст медорад.

Яке аз дигар дустдоштатаринҳои раис Саидобид, сармъмори ноҳия аст. Як нафари дар ин навъи муошиқат бисёр ҳам маъруфу машҳур, ки ҳамаи ноҳия аз кору кирдори вай огоҳ аст, ки ӯро нав ёфта овардааст, Сунатуллоҷон ном дорад, масъули кор бо ноболиғон ва ҳифзи кудакон. Манучеҳри роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия ҳам, ки ӯро тоза ёфта овард, низ дар маслаки худи раис аст. Ва ҳамаи инҳо дар таҳти ҳимояту ҳифозати генерал Қудратулло Назарзода, мақоми баландпоя дар вазорати дохилӣ аст, ки шумо як барномаи махсусеро дар бораи вай пахш карда будед.

Домулло, ин бор ҷойи айшу ишраташон, хонае, ки ин корҳоро иҷро мекунанд, аксашро гирифта мефиристам. Ҷойи ин амалҳои пасту шанеъашон чанд ҷо аст.

Ин маълумот, ки дар дастатон расид, дақиқ аст. Ҳама сохторҳо медонанд, ки раиси ноҳияи Рудакӣ кӣ аст ва ба чӣ корҳо машғул мебошад. Як рафиқи наздикам, ки аз нафарони Юсуф Раҳмон, собиқ Прокурори генералӣ аст гуфта буд, ки Ҳикматуллозода Абдуғаффорро барои ҳамин корҳои зишташ аз кор ронда буданд. Гуё маълумот мустақим ба Эмомалӣ Раҳмонов расида будааст. Вай бо Шоҳрух ва падараш кали Фаттоҳ сахт кент буд. Вақте ин хабар рафта мерасад аз шармашон надонистанд куҷо равонаш кунанд. Оварданд ба Рудакӣ раси монданд, ҳеҷ чизро ақлаш намегирад, ягон беҳбудӣ нест дар Рудакӣ.( Дар мавриди Абдуғаффор Ҳикматуллозода маълумоти бештаре расидааст,ки комилан аз хеле амалҳои пуштипардагии ӯ ҳикоят мекунад. Ҳатман рӯзҳои наздик тақдиматон менамоем. Агар шоҳидони ҷиноятҳои дигаре аз Ҳикматуллозода бошед ба «Ислоҳ» ирсол намоед!)

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №219 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №86
Талоши онки омӯзгору мудири бахши ҷавонону мудири маорифу имомхатибҳоро ба барномаҳои онлайнии мо ҷалб кардан ва аз онҳо ба унвони тарафдору ҷонибдори пешво ҷилва додан, мисли дигар барномаву лоиҳаҳои ин режими касиф нақше бар об шудааст. Он бечораҳои мазлумро дар вақте ки тамоми Тоҷикистон хоб аст, дар деҳот неруи барқ вуҷуд надорад, ба иҷбору зӯр меоваранду гап ёд медиҳанду ба «Минбари муҳоҷир» сар медиҳанд. Аммо, худатон ҳам шоҳид шудед, ки баъзе аз онҳо ҳатто намедонанд, ки микрофон чист, чи тавр бояд рушан кунанд, интернетро умуман истифода накардаанд. Ҳатто дар назди камера баданашонро менамоянд ва дар барномаи “Минбари муҳоҷир” 235 шоҳиди беш аз 7 нафар дар як утоқ қарор доштани боздоштшудаҳое барои суҳбат оварда будандро шоҳид будему боз мегуяд на ман танҳоям.  Дигар ин ҳилаву найрангҳоятон ба кор намеравад. Кӣ бовар мекунад, ки як мусулмони тоҷик бигӯяд. ки ман Раҳмоновро аз пайғамбар ва ё падару модарам бештар дӯст медорам ва ё инки онҳоро баробар дӯст медорам. Ин як дуруғи маҳз аст ва шукри Худо бо ингуна усулу услубҳои аҳмақонаву аблаҳона  худро хандахариши мардум карда истодаанд ва худашон шаҳодат ва гувоҳӣ дода истодаанд, ки тамоми кору амалашон дуруғ аст ва мардумро доранд гул мезаннад ва аблаҳ фарз мекунанд. Аммо, шукри Худо, ки мо  чизе барои пинҳон кардан, ниёзе барои чашмбандӣ  надорем. Халқи тоҷик дар канори мост ва мо дар канори халқи худем. Ин аст тафовути асосӣ ва аслии мову Раҳмонов ва режими касифу касофати вай:

Хуҷанд

Дуруд бародари муборизи роҳи ҳақ. Ман аз Хуҷанд мебошам. Ҳаракат мекунам то ҳадди имкону тавон чизҳову касҳои пинҳониро ғайрипинҳон кунам. Мехоҳам оғоз кунам аз чизҳои актуалие, ки баъд аз «инқилоби 1 ноябр « аз ҷониби барномаи «Минбари муҳоҷир» садо дод, сар карда нуқтаҳо ва хитобаҳоро ҷой ба ҷой кунем. Баъди ҳамон сарусадоҳо ва гуфтани шумо, ки «Навҷувонов дар Хуҷанд кайф карда гашта истодааст”, ӯ дар яке аз тарабхонаҳои дӯстдоштааш, ки ман дар онҷо ҳамчун «БАРМЭН»кор мекунам, масти ганда шуду медонед чизе гуфт? Вай гуфт, ки «Иқбол дар бораи ман гап зад дар минбаруш, ман бояд ягон пешгириш кунам, баъд гуфт фармон аз боло гуёну аз Гулистону Бустон то Чоркуҳу Ворух аввал сагҳои милисаашро баъд худаш рафт ҷамоат ба ҷамоат, (шумо дар ин маврид информатсия бояд дошта бошед) ӯ дар ҳар як деҳаи роҳи Хуҷанд, Конибодом, Исфара,Чоркуҳ даромада аз номи ҷанобаш гап зад, ки «бачаотон ба хоино нанависанд иқа бисёри бад».Чунки Навҷувоновро аз боло кашида сар додаанд. Бовар кун бародар Муҳаммадиқбол, вақте ки маст мешавад, ку ин генерал аз ҳайвон фарқаш намемонад. Нушокии дӯстдоштааш винои хушк яъне сухое вино ва арақи махсусе, ки обашро аз чоҳ мегиранд ва оби махсуси Овчиқалъача, он обҳо аз чашмаҳо мебошад ва ба арақи Навҷавонов хеле гуфти гапо мазза медиҳад.

Акнун мегузарем ба хабарҳои Хуҷанди худамон. Дар яке аз барномаи Номаҳо дар мавриди доруҳои фалшивий гуфта будед. Ва гуфта будед, ки он доруҳоро дар мардуми Суғд эксперимент-таҷриба карда истодаанд. Баъди чопи он аз Душанбе бачаҳакои боло бо духтаракои боло омаданду гуё санҷиданд ва аптекаи калонро ҷарима карданд. Ва гуфтанд, ки чаро нархи аптекаҳои хурд гарон? Бояд по стандарту як нарх бошад. Ман ҳамчун хуҷандӣ розиям, агар нархҳои мағозаҳо по стандарту як нарх шавад.

Соли 2021 бачаи Майрами гурсухта дар Хуҷанд як мағозаи замонавӣ кушод. Аммо дар асл онҷо як фоҳишахона шуд. Як охранники кали валадизино мисли пешвояш корҳои маҳрамонаро бо фурушандаҳои он мағоза анҷом медиҳад. Онҷо агар зани мусулмон дарояд вай аввал ба пешаш мебиёяд ва вежливо мегуд: ҳиҷобатро аз сарат каш, сумкаатро ба ман деҳ. Агар ин корро накунад ба мағоза роҳ нест. Дар соҳаи маорфи ҳам вазъ аз ин бадтар аст. Рӯзи омадани Эмомтапак   аз талабаҳо 10 сомонӣ барои ташкилии пурдабдаба пул гирифтанд. Талабаҳо 15рӯз подряд маршировка мекарданд. Худи директорони мактабҳо 25 сомонӣ доданд. Мисли як дань ба муғулҳо медиҳӣ, мо хуҷандиҳо ба Чингизхан дань додагием. Ҳоло бошад ба Рахмонов дань медиҳем. Фикр мекунам,ки онҳо ако уко бошанд: Чингизхон ва Эмомтапак.

Дар ХГУ –Донишгоҳи давлатии Хуҷанд муаллимаҳоро бачаҳакои боло маҷбур карда истодаанд, ки «против мухолифо» мақолаҳо нависанд ва бачаҳои мардумро пропаганда бештар кунанд! Соли 2021 ректори ХГУ маҳалгароиро сар карда буд.  Як донишҷу аз Конибодом ё Исфара буд. Либоси танаш либоси мактабӣ буд. Ба  ректори ХГУ мақбул нагардид ва ӯ дашном карда гуфт: «фалони оча, шумо конибодомиҳо қати исфарагиҳо ҳамон қашқари қарақчи монден бо сатру ҳиҷобу ришу кисаи холӣ». Гуфт имрӯз меравӣ аз фалон ҷой галстук, брюк, костюм мехарӣ. Ва он бачаро хеле 25дақиқа таҳқир кард. Аммо вай як бачаи фаъол буд.  Ин ҳодиса якуми сентябр руй дод. Ман фикр кунам он ректор аз Мастчоҳ ё дигар ҷо буд-дағал. Ба ҳар ҳол ӯ як ҳайвони ғайриинсон, як саги буз, буд, ки мо хуҷандиҳо ингуна маҳалгароиро намебахшем. Чунки Конибодом, Исфара ва Масчо бародар ҳастем ва намехоҳем, ки моро сагҳои Эмомтапак ҷудо созад.

Мегузарем ба духтари СС.Ятимов. Духтари Ятимов шашликхонаҳои Бобоҷон Ғафуровро кришават мекунад. Хандаовар аст. Аммо чизе, ки ҳаст ҳамонро ба шумо гуфта истодаам. Як мисол меоврем. Духтари СС.Ятимов бо яке аз офитсиантҳои он шашликхона корҳои маҳрамонаи худро кардаст. Ҳоло он бача дар Русия аст. Духтари Ятимов Парвина ном дорад ва дар байни дугонаҳои ба мисли худаш баландрутба кличкаи «Парвинаи нонхурак» -ро дорад. Ин лақаб ба ӯ барои нони серравғани хуҷандиро хурданаш дода шудааст. Духтари СС.Ятимов дар Гулистону Бустон (Чкалову Қайроққум) се- чор хона дорад. Гуё, ки ӯ хеши Қофлонбой бошад. Ҳоло дар  мавриди таъминоти об ва барқ мегуям. Обро 2 соат медиҳанду барқро 4 соат. Аз соли 92 аз ҳамон рӯзе, ки Эмомтапак ба қудрат расид, газ надорем. Бачаҳакои боло, ки аз Фархоранд дар отдели калон, ки мо хуҷандиҳо онро публичний дом меномем – фоҳишахона, онҳо дар онҷо рӯзҳои шанбеву якшанбе бо фарзандони мардуми Хуҷанд кайф доранд.

Прокурори Хуҷанд аз Кулоб аст, раиси Бонкӣ, Амонатбонк, бонки Финка, Эсхата ва Имонбонкро ҳам Раҳмонов ба сагҳои ҳаммаҳалли худаш бахшид. Инҳо дар асл инсон нестанд. Дар фурудгоҳи Бустон-Чкалов 3 пост амал мекунад, ки ҳар яктоаш 15сомонӣ сари ҳар мошин доля дорад. Ва дар дохил барои паспорт 170 сомонӣ медиҳӣ. Бовар кунед, ки ҳамаи ин постҳо дар дасти бачаҳакои боло аст. Ва яке аз чизҳои ҷолиб ин аст ки ҷиянҳои Эмин Ҷалилов, ки автобусҳоро кришават доранд бо сагҳои Ятимов ва раиси амнияти Хуҷанд байни худ ҳамоҳанг кардаанд ва ранги мафиозиҳо шудаанд. Дар 20ум микрорайон соати 1:00 «выяснение отношений» мекунанд. Онҳо ҳама чиз доранд ба монанди рэмбо, аз дандон то пойафзолаш вооруженныйанд. Сухани мардуми одӣ намегузарад ба онҳо.

Дар охир гуфтаниам агар 1% нангу номуси як тоҷики Суғд, Бохтар, Ршту Ҳисор, Зарафшон ва Бадахшон бардошта шавад, пас ташаккур ба нақшу натиҷаи кори Ислоҳ, ки ин ҳама дарди мардуми моро ба нашр расонд. Ман то ба имрӯз ҳадди имкон ҳамчун сокини Суғд саҳми худро гузоштаам. Агар хоҳед нашр кунед, то ки мардуми даруни Хуҷанд фаҳманд, ки шумо воқеан бо мардумед.

Чоркуҳ

Ассалому алейкум ва раҳматулоҳи ва баракотуҳу домулло! Зану марди калонсолу ҷавон, мо ҳамеша дуогуи шумо ҳастем. Дар Чоркуҳ аз зулми ин Аҳрор Каримови буз ва Шаропов Лайсиддини раис ҳама безор шуданд. Лайсиддин бо Аҳрор пешакӣ маслиҳат карда дӯсти бачагиаш, яъне ҳамсинфашро подстава мекунанд. Номаш ҳоҷӣ Мирзо, бачаи ҳоҷӣ Асадхон.  Худораҳматӣ ҳамсинфи Лайсиддин, аммабачаи Аҳрори буз. Инро  маслиҳат карда ба амният ариза карда гуё ба домулло Наимҷону ҳизб ҳамавақт пулҳои калон рустӣ ёрдам мекунад гуфта бисёр ғам дода пули калон аз вай ситониданд.

Ҳоҷӣ Мирзои бечора суми аз ҳад зиёдеро доду ба ҳеҷ ҷое шикоят ҳам накард. Намонданд, ки шикоят кунад. Барои он ки ин пешакӣ ин корро маслиҳат карда нақша кашида буданд. Барои ҳамин Шаропов Лайсиддин  ин корро «ҳал» карда, мисли бехабарҳо рафтор карда аз ҳамсинфаш суми калонашро зада гирифт ва байни ҳам тақсим карданд. Ин гапҳо аз даруни худашон баромад. Ба бузи Аҳрор пулро кам додааст. Ҳоҷӣ Мирзо инсони пулдор ва сахт худотарс аст. Ба одамҳо зиёд кумак мекунад.

Аммо ин Аҳрори буз ва Лайсиддин барои пул шуда гуру аъмоли худро сузонида истодаанд. Ин Лайсиддини зинокори беномус домоди ҳамон Ҳошими кунқапак аст. Дар охир гуфтаниам, ки мардуми шарифи Чоркуҳ ҳамаи инҳоро мушоҳида ва дар як ҷое навишта истодааст. Рӯзаш меояд барои ҳар як амалашон ҷавоб хоҳанд дод.

Санкт-Петербург

Салом бародар! 7 октябри соли 2022 зодрӯзи Владимир Путин буд. Ман як муҳоҷир як рӯз дар шаҳри Санкт-Петербург бо як хизматчии Константинский двореци ин шаҳр  ҳамсӯҳбат шудам. Ӯ аз ман пурсид, ки ту аз куҷоӣ? Ман гуфтам аз Тоҷикистон. Вай гуфт лаънат ба президенти шумо. Ман гуфтам чаро? Гуфт президенти шумо соли 2022- 7 октябр ба президенти Русия дар зодрӯзаш тӯҳфаи мевагӣ кард:харбузу тарбуз ва дигар меваҳои ширин! Баъди тӯҳфаи ӯ мо қариб ду моҳ шабонарӯз дар двореци Путин бо ҳашароту паррандаҳо, мушу пишакҳо ме ҷангидем. Дворетс ба як мусорхона табдил ёфт!  Вақте Раҳмонов ба Путин тӯҳфа кард ҳаво гарм буд. Ҳама меваҳо вайрон ва ба замин яксон шуд. Дар дворец истодаан намешуд. Занбуру паша, мушу мурча ҳатто паррандаву сагу пишак ҳам буд. Мо ҳамроҳии химикҳову биологҳо гар чанде ҳаракат кардем натавонистем дворецро тоза кунем. Маҷбур шудем қабати заминро канда партоем ва аз нав хок рехта ва сабз намоем. Он марди рус гуфт президенти шумо як хуги тайёр аст. Шумо дар назди дари мо мисли талбандаҳоед, металбед аммо роҳбари шумо миллионҳо хароҷот кардаву худнишондиҳӣ мекунад. Мо тамоми кормандони дворец ӯро ҳақорат мекардему лаънат мефиристодем. Ин марди рус гуфт халқи тоҷик барои мо русҳо жалко аст. Наход, ки ин қадар ҳайвон бошад президент. Ин қадар хароҷот кунӣ, ки аз даҳони Путин спасибо шунавӣ: «жаль мне, очень жаль таджикского народа».

Дар ҳақиқат ин шармандагист, кай мемурда бошад ин хугу мо хандахариш ва таҳқиршуда дар Русия набошем?

Масчо

Салому алейкум устод! Аз Масчо бароятон менависам. Аз рӯзе, ки ин лаънатӣ бачаи чупон Маҳмадҷобир Раҷабзода ба сари курсӣ омад- солҳои 2015 мардуми деҳаҳои Масчоро бо ҳамдигар бадбин кард. Сокинони Витконро бо Пастиғав ҷанг андохт. Ва мардуми ин ду деҳа ба ҷони ҳам афтоданд. Даъвои мардуми ҳар ду деҳа аз тарафи мақомот шунида намешуд, чунки  ин Маҳмадҷобир Раҷабзод, бачаи ҳаромхури чупон дар ин қазия даст дошт, барои ҳамин арзу шикоятҳо шунавида намешуданд.

Ҳол онки аҳолии ин ду деҳа бо ҳамдигар холабачаву аммабачаву амакбача ҳастанд. Имрӯз байни ин ду деҳа муносибат хуб нест. Агар мо ба гузашта назар кунем ин мардум гузаштагони хуб доштанд. Аммо имрӯз як гурӯҳи мансабпараст ба сари ҳокимият омада мардумро бо шиорҳои дуруғин фиреб карда истодаанд.

Ин Муҳаммадҷобир Раҷабзодаи дузди ҳаромхури хиёнаткор мардумро ба мисли галаи мол карда дар гирдаш шағолҳоеро ҳамчун сардори милитсияи он вақта Насимов ҷамъ кард. Ин шағол мардуми Масчои навро хело подстава ва зиндон кард. Вай дар Масчои нав замначалник буд. Шербачаҳои Масчои нав ин шағолро зада нигоднияш карданд, хело хурсанд шудем, бас кард. Аммо ин шағол боз ба Масчои куҳӣ сардори милиса шуд. Аз дасти ин номард чанд ҷавонмарди мо зиндонӣ шуданд. Аз он ҷумла як муноқиша ҷавонмардони Ҳадишаҳр бо кормандони кони Ғузн шуд, барои ангишт. Шербачаҳо онҳоро заданд. Сипас кор ба дасти Насимов ғалтид.

Хуни ин ҷавононро макид ва баъдан чанде аз онҳоро зиндон карданд. Ҳоло дар зиндонанд. Дили ягон кас барои фарзандони ин зиндониҳо намесузад. Мо ба мардуми шуҷои ноҳияи куҳистони Масчо чи гуфтанием? Хомуш набошед, нависед ба Ислоҳ. Имрӯз нолаи моро мешунавад.

Ба Эмомтапак гуфтанӣ ҳастем, ки чаро мо наметавонем аз ин кон ангишт гирифта  истифода барем? Ин ҳақи мо аст! То кай хомуш меистем?

Тонаи ангишт барои халқе, ки дар шафат ва паҳлуи кон зиндагӣ мекунад 1250 сомонӣ. Мо ягон даромад надорем. Ин кон аз они мардуми мо аст. Чаро мо аз он истифода карда наметавоем? Ҳоло як афғон омадааст ва ба гуфте 2.500.000 доллар сармоягузорӣ кардааст. Дигар ин кон дар ихтиёраш аст. Тоннаҳи ангишт барои Хуаксин меравад. Хитоиҳо 500 смонӣ мегиранд, аммо мо-соҳибони ин замину ин макон, ки асрҳои аср муқими инҷоем 1250 сомонӣ аз афғон мехарем.

«Дар гуҷо туғри мегирад?» Э, мардум хомуш набошед. Валлоҳӣ, Худо моро ҳам намебахшад, чун ҳақи худамонро талаб намекунем, нависед ба Ислоҳ.

Имрӯз боиси ифтихору хурсандии мо аст ки Ислоҳ ҳаст, садои моро мерасонад. Дар охир ба 54 деҳаи ноҳияи куҳистони Масчо гуфтаниям. Бо ҳам, чуноне будем, бародар шавед, бадбинӣ накунед. Алҳамдулиллоҳ мо мусулмонем. Бояд аз як гиребон сар барорем давлатамонро озод кунем аз ин режими хунхор!

Панҷ

Салом бародар! Ман аз Панҷ ҳастам. Барномай № 65 -ро гуш кардам, беҳтарин барнома буд. Чизе, ки дар барнома гуфтед, ҳамааш дуруст буд бародар. Махсусан дар бораи Самиев Бахтиёр, гуфтед КГБ ҳаст. Вай дузд ҳам мебошад. Чанд сол пеш ба гову молдуздӣ машғул буд. Як бародараш раиси ҷамоати Нури ваҳдат мебошад.

Номаш Сафар, бо тахаллуси тияп-тияп. Дар ҳама ҷо мегуянд, ки танзимро риоя кунед. Вале чанде пеш писарашро зан дод. Туяш як ҳафта давом дод. Ҳар бегаҳ дар хонаашон як чорво мекуштанд. Ба Худо қасам Сафар як бесавод аст. Ӯро, ки мондааст, раиси ҷамоат? Ман намедонам. Ҳозир ин Сафари девона мардуми қишлоқашонро маҷбур мекунад, ки писарҳоятонро аз Русия бигӯед биёянд, хизмат  кунанд. Агар намегуед, мо шуморо мебарем маҳкам мекунем. Чанд касро таҳдид карданд, вале мардуми бечора писарҳояшонро даъват карданд омаданд аз Русия. Э, Сафар! Чаро аз авлоди худат хизмат ягон кас намекунад. Фақат мардуми бечораро ғам медиҳӣ. Мур ба ин ҳолат ҳаромхур.

Як бародари дигарашон сардухтури ноҳияи Панҷ мебошад. Номаш Самиев Муҳаммадӣ. Вай ҳам як бесаводи дигар. Ман намедонам ин бесаводҳоро, кӣ ба   сари вазифа мондааст? Ман ҳайрон мешавам. Вақте духтури одӣ буд, бо мардум соз муомила мекард. Вале ҳозир соҳиби вазифа шудааст, дигар бо мардум гап намезанад. Ҳоло вай ронанда дорад. Аммо кори ҳамаашон ришваву фасод аст.

Боз як ҳаромхури дигар участковий, номаш Парвиз. Аллоҳ хору залилаш кунад. Мардумро беҳад азоб медиҳад. Вай худаш як наркоман аст. Падари Парвиз ҳам милиса буд. Вай ҳам як ҳаромхур буд. Аз қишлоқи Первомай. Падарашро аз мақомот сур карданд. Бо пора ба даст ғалтид. Ҳозир падарашро дар қишлоқашон саг нигоҳ намекунад. Вақте дар сари вазифа буд, мардуми камбағалро ғам медод.

Дар барнома дар бораи мактаби№6 гуфтед, ки ҳамааш ҳақ асту рост. Ин мактабро ба як девонахона табдил карданд. Вазорати маориф куҷоро нигоҳ мекарда бошад? Ин мактаб дар солҳои пеш беҳтарин мактаб буд. Дар ноҳия дар ҳамаи озмунҳо ҷои аввалро мегирифт. Вале феълан он мактаб як бесаводтарин мактаб аст. Барои онки на муаллим ва на муаллимаи хуб дорад. Як девонаи беақлро директор мондаанд, номаш Додарбек. Бо тахаллуси Мафтуни девона. Ҳеҷ кас ин девонаро гуш намекунад.

Бародар Муҳаммадиқбол. Дар Панҷ ҳам кормандони милиса ва ГАИ мардумро беҳад азоб медиҳанд. Дар деҳаҳо мегарданд ва вақте мебинанд, ки ягон кас ягон стройка кардааст, хона пушида истодааст, мераванду мегуянд, ки пагоҳ отдел биё. Отдел мераванд, дар онҷо мегуянд, ки ту набояд дар онҷо хона месохтӣ. Онҷо мумкин нест. 15 ё 20000 сомонӣ оварда супор вагарна пагоҳ омада чапааш мекунем. Як мардро ҳамин хел гуфтанд вале вай отдел нарафт. Марди бечора нав бетон рехт, заборашро маҳкам кард. Дарози забораш 200 метр буд. Ин ҳаром хурҳо -коргарони ноҳия Панҷ омаданд бо трактор ва заборашро чапа карданд. Ин як роҳи тарсонидани дигарҳо ҳам ҳаст. Дигар мардуми камбағал қарз мекунаду мебаранд месупоранд.

Дар ноҳияи Панҷ кормандони ГАИ дар ҷони ронандаҳо задаанд. Ин ГАИҳо беҳуда мардуми бечораро мегиранду протокол мекунанд. Ҳатто дар қишлоқҷойҳо мардумро дошта суръатат баланд гуфта протокол мекунанд. Инҳо барои началники ГАИ, номаш Комрон аст (нав омад) бояд кор мекардаанд. Вай гуфтааст, ки пули калон дода ин вазифаро харидааст, барои ҳамин бояд пули додаашро кор карда ҷобаҷо кунад.

Ин ҳаромхурҳо ҳар бегоҳ мегарданд дар қади кучаҳои ноҳия. Духтар ё занро мебинанд, гап мепартоянд. Барои онҳо фарқ надорад, ки вай шавҳар дорад ё надорад. Инҳо ҳамаашон зинокоранд. Аз раиси ноҳия сар карда то дигару дигараш омадаанд. Чи коре бо ин мардум бихоҳанд, анҷом медиҳанд.

Мо мардуми Панҷ ваъда медиҳем, ки Эмомтапак як бори дигар Панҷ биёяд, медонем чи гуему чикор кунем бо ин зулмҳои мақомоташ. Ин лаънаткарда Панҷ бо вертолёт меояд. Мо мехоҳем, ки як бор ва мошин биёяд ва як бор роҳҳои вайрону валангори Панҷро бубинад то чашмони равғанбастааш кушода шавад. Аз Қумсангир то Панҷ бо мошин меравӣ гумон мекунӣ, ки болои тележка ва  рафта истодаӣ, ки даруни замини санглох ҳаракат дорад, дилу ҷигарат мерезад.

Вахш

Салом бародар! Аз деҳаи Занҷир, ҳоло Иттифоқ (номи наваш) и ҷамоати 20-солагии Вахш менависам. Бародари азиз! Ман лақай ҳастам ва узбекзабон. Ман ин номаро аз Маскав менависам. Аз раиси қишлоқамон шикоят доорам. Номаш Абдулфайз Маҳмадмуродов. Раиси қишлоқамон ҳам лақай аст. Мо се масҷид доштем. Дар аввал, дар миёна ва дар поёни қишлоқ. Масҷиди боло ва поён аз они мо лақайҳо буд. Аммо чанд сол мешавад, ки маҳкаманд. Масҷиди болоямонро  Қурбони бех ба ҳоҷӣ Гулбой фурухт. Абулфайзи бо раиси ноҳия дар ин кор шарик буд.

Масҷди поёнро аввал китобхона карданд. Баъдан боз онро ба мактаб табдил доданд. Бахудо қасам валангор шудааст. Баъди дарс кудакҳо меоянд ҳама сару либосашон ифлос аст. Ҳамин масҷиде, ки мактаб аст ба гуфти мардум онро Абдулфайз харидааст.

Баъди таътили тобистона якуми сентябри 2023 талабаҳо ба мактаб омаданд. Яке раиси қишлоқ ҳам омаду тарафи муаллимаҳо доду вой карда «гирен даф кнен и кудакора, иҷа мактаб пактаб нест, иҷара ма харидагим, хона менм».

Ин гапи ӯро раис фаҳмиду як каме насиҳаташ кард, ки «эй,девона умний ход кун, ки ҳоло вақт ҳаст барои гирифтани масҷид».

Бародар мо ғайр аз “Ислоҳ” ягон ҷой шикоят карда наметавонем. Доди мо лақайҳои деҳаи Занҷирро ба ягон ҷо расон. Ба Худо мо дар ин деҳа намози боҷамоат надорем. Масҷиди байни қишлоқ аз они тоҷикҳо аст. Тоҷикҳо моро мегуянд, ки биёед якҷо ҷамоат кунем.

Масҷидҳоямонро хариданду харида истодаанд. Мо розием, ки бо тоҷикҳо ҷамоат кунем, намоз хонем, аммо раиси қишлоқ ва махсумча моро намемонанд, ки бо тоҷикҳо намоз хонем. Махсумча муллои мо лақайҳо, алифро аз таёқ фарқ намекунад. Дар маъракаҳоямон мешинаду насиҳат мекунад, ки ба масҷиди тоҷикҳо наравед.

Аз қишлоқи мо поин як қишлоқи навбунёд аст, ки Душанбе-2 ном дорад. Ҳар сол сел мезанадаш. Дар ин деҳа мактаб сохтанд. Аммо барои ҳама намерасад. Барои ҳамин талабаҳои синфҳои 1,2 ва 3 дар масҷиди мо мехонанд. Аммо мо намехоҳем, ки масҷиди моро ин бор ҳам фурушанд. Мардуми лақайи мо ҳам мусулмон аст. Аммо мо чандин сол аст ки намози боҷамоат намехонад.

Ман аз минбари “Ислоҳ” ба ҳукумати Вахш ва ба раиси ноҳия мерасонам, ки масҷиди моро ба ҳоҷӣ Гулбой ва раиси қишлоқ  нафурӯшанд.

Конибодом

Ассалому алейкум бародари шуҷоъ Муҳаммадиқбол! Ман як хоҳари ислом аз вилояти Суғд, шаҳри Конибодом ҳастам ва ман мехоҳам тариқи ин барнома ба тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон он тағйиротҳоеро, ки дар Конибодом баъд аз нашри чанде аз номаҳо дар “Ислоҳ” сурат гирифт, бигӯям. Дар номаи 68 дар мавриди наркотрафики Зоир гуфтед. Айни ҳол роҳҳоро барои фураҳои наркотик дар қаламрави Хуҷанду Конибодом ва Чоркуҳ пурра аз нав карда як роҳи магистралӣ сохта истодаанд, барои онки наркотикҳо бе нуқсон ба точка бирасад.

Сар мекунем аз тағйироти номаи № 50, ки дар бораи «Дилшоди дузд» гуфтед. Тағаи ӯ Зариф дар ГАИи вилоятӣ фаъолият мекунад. Вай, ҳамоно болои бародарони исломии мо зулм карда истодааст. Вай дар ҷамоати Лоҳутӣ гуфтааст,»и чего ви добились, навиштен далше ягон чи нашуд, Дилшоди ҷиянам Россияба, ягон кас ягон чизаш накард, паспорти русӣ дорад, тамом». Яъне ӯ ба ин суханҳояш ишора дорад, ки адолати мардум ба инҳо норасо аст ва баъди нашри номаи Нафрати хистеварзиён, Абдусалом Тухтасунзода ва ё Тухтасун оғлу ако, ба гуфтаи номаи№75дар ҳамаи ҷамоатҳо активу фаъолонро ҷамъ карда бо онҳо дар муддати 4 соат нишасте дошт ва темаҳои инҳо фақат Шумо, Ҳусейн Ашуров ва Беҳруз Холиқов будед. Мехоҳам як чизи муҳимеро қайд кунам, ки мавзуи асосии инҳо албатта Шумо будед.Тухта -ако фақат ба кампирҳои ҷамоъат дод заду хушомад кард. Аммо ба Навҷувонов (гуё вай аз фарзандони Чингизхон бошад) худро чунон сафед мисли офитсиант нишон медодва 60% суханҳояшон ба ғайр аз темаи шумо, тарсонидани бачаҳои мардум буд.

Ва як хабари нави Конибодом ин аст ки алҳамдуллиллоҳ, мардуми Конибодом ба зодгоҳашон баргашта истодаанд. Бо автобус ва самолетҳо мардум аксарияташ баргаштаанд, албатта ба шарофати шумо!

Дар номаи № 64 дар мавриди таҷовузҳои Эркин Ҷалилов гуфтед. Ҳамаи он суханҳо дар бораи таҷовузи он духтар ва падараш ҳақ аст ва онро дар ҷамоатҳо ҳатто тамошо карданаш ва ҷиянҳои ин оила ҳоло ба «активний действияҳо» гузаштаанд.

Аз бачаҳакои боло махсус вазифа гирифтанд, ки аз мактабҳо, мағозаҳо, чойхонаҳо, мақсад яъне ҳар активу фаъолеро. ки бо мардум кор дорад, онҳоро супориш додаст, ки манбаъи Ислоҳро бе зарар гардонанд. Аммо инҳо намефаҳманд, ки манбаи тими Ислоҳ худи мардум ҳаст! Бачаҳакои боло, ки дар Лоҳутӣ зулм доранд, бузҳои худро дар телефони худ ба номҳои «Бузи-1, Бузи-2, Бузи-3”, сабт кардаанд ва агар ягон нома аз Конибодом нашр шавад ба бузҳояш занг зада аз онҳо сводка ва мониторинги худро мегиранд.

3 — 4 сол пеш дар давраи Алишер Абдулоев, ки баъд аз Матин Турсунов ба вазифа омад, хеле коррупсионер буд. Аз туйҳо руи рост рафта 50сомонӣ мегирифт. Ҳоло дуздҳои ҷамоат 50 не 100 сомонӣ мегиранд.

Акнун ба таҳлили «номаи шумораи 75″ хоҳем гузашт. Дар он нома шумо диққати хонандагон ва тамошобинонро ба аҳволи зиндагии мардуми одии Конибодом ҷалб кардед, ва дуруст гуфтед. Дар мавриди бебарқӣ, беобӣ ва тағйиротҳои баъди нома, ин аст ки обро худоро шукр 3 — 4 соат аз соати 9 то 12:00 медиҳанд. Гарчанде кам бошад ҳам. Мо мардуми Конибодом ба монанди оилаи Раҳмонов аз «осмон начакидаем» ва ба ҳамин ҳам шукр мекунем, шукри Худовандро дорем, ки ба мо ҳақамонро тавассути инҳо дод. Барқ пагоҳӣ аз соати 6:00 то 8:00 медиҳанд ва бегоҳӣ соати 17:00 тамом, дигар барқ нест. Ва бо истифода аз фурсат як воқеъаро нақл мекунам.

Соли 2016-17дар мактаби № 29 Садриддин Айнӣ, Қарақчиқум, як муаллими фанни тарбияи ҷисмонӣ фамилияш Раҳматов, бачаи 25-29сола қадбаланди овозаш овози «бузбала» буд. Ӯро ягон писарбача писандаш яъне уважат ё признават намекард. Вай фақат дар назди духтарон тарзи қапидани туби баскетболро нишон медод. Як рӯз дар вақти фанни худаш, дар ҳолате, ки писарон футболбозӣ доштанд, дар як тарафи майдони варзиш як духтарро ба майдон ба тарафи дарахтон бурданӣ мешавад. Чи хеле фаҳмидед ӯ корҳои ҳаром кардан мехост. Аммо ин ҳолатро як бача, ки либоси барои варзиш надошт  ва дар як кунҷи майдон меистод, мебинаду думбол мекунад ва он муаллим ин бачаро меқападу ба баҳонаи онки нисбат ба муаллим беҳурматӣ кардааст, дар назди духтарон лату куб мекунад, бачаи синфи 7-8ро ва ба шикамаш бо сар ва баъд бо пояш мезанад. Он бача дар пойҳояш истода натавонист, ғалтид. Баъд каме ба худ омад. Вай бегуноҳ буд ва ба синф рафт. Бачаҳо он лаҳза дар майдони футбол буданд. Вай ин корро фақат дар пеши мо-духтарон анҷом дод. Ман ҳамчун духтар он ҳамсинфи шатахурдагиро мард медонам. Чунки ӯ аз мо ҳимоят кард.

Як муаллимаи гадо ҳам доштем. Ҳоло ӯ дар Русия полшуяк шудааст. Фамилияи вай Алимова мебошад. Вай бо ҳамон ГАИишники Алишер Абдуллоев ба ҳар як синфхонаҳо даромада «рейд» мекарданд, албатта, даруни нохунак, агар ягон чиз масалан соат ё телефон дошта бошӣ ё 20 сомонӣ медиҳӣ ба Алимова ё ГАИ ё забонхат менависиву баъд дар бинои нозири участка ҷавоб медиҳӣ, якҷо бо волидон ва онҷо аллакай 20сомонӣ неву 2000 сомонӣ медиҳӣ. Хоҳиш кунам дар бораи он муаллими таҷовузгар ҳатман дар НОМАҲО нашр кунед.

То ҳадди имкон ҳам чун як хоҳари исломии шумо саҳми худро гузоштаам дар мубориза!

Тухтасун оғлу Шумо нокас,

Ҷои Шумо кунҷи маҳбас!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №86 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№77
Дар номаи аввали ин шумораи барномаи “Номаҳо аз ноҳияҳо» нафаре аз саргузашт ва мушоҳидаҳову дидаҳояш ҳикоят мекунад,  ки солҳои зиёд дар ҳукумат, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор кардааст. Албатта, ҳодисаҳое, ки ӯ ҳикоят кардааст, мо борҳо шунидаву мушоҳида кардаем. Аммо, вақте нафаре, ки дар сари вазифа буд ҳикоят мекунад, таъсираш дигартар аст. Масалан ӯ аз ду мавриди сармоягузории хориҷиҳо дар муассисаҳои Душанбе нақл мекунад, ки ба айби мақомот ва шахсиятҳои алоҳида сармоягузорон яке хитоӣ ва дигаре афғон корро дар нимароҳ тамом карда ҷони худро мегиранду мегурезанд. Сабаб коррупсия аст, коррупсияе, ки ҳоло он ҷузъи муқаррарии ҳукумати Раҳмонов шудааст:

Душанбе

Салому алейкум бародари азиз! Худамро муаррифӣ намекунам. Чанд номае, ки роҳӣ кардам, чоп кардед. Раҳмат. Аллоҳ аз шумо розӣ бошад. Ин ҳукумати гушна ва гушнаҳо шабурӯз фикраш фақат ин аст ки «чо кнем,ки якаса фреб кнем, сумша бигирем». Дар фурудгоҳи Душанбе кор мекардам. Шоҳиди ҳодисаҳои зиёде шудам. Ҳодисаҳое, ки бо чашмони худ дидам вале ҳоло бовар намекунам, ки ҳамин кор иттифоқ афтодааст. Як рӯз соат тақрибан 2 –и шаб буд. Парвозе набуд. Дар толор шишта будему танафус доштем. Як бародари афғон омаду пурсид, ки чаро дар фурудгоҳи байналмилалииатон шумо хостел- меҳмонхона надоред? Гуфтам бародар ин фурудгоҳи нав аст, куҳнаашро надидӣ? Бо ман ҳамсуҳбат шуд. Баъд ман пурсидамаш, ки худат чи кораӣ? Ҳар ҳафта ду маротиба мебинамат? Хандиду гуфт гоҳо ҳафтае мешавад, ки се-чор маротиба ҳам меоям. Ва чиптаҳои ҳавопаймояшро нишон дод, ки боз куҷоҳо парвоз мекунад. Ними Аврупоро мегардам гуфт. Боз ҳафтаи дигар меоям Тоҷикистон. Гуфтам чи гум кардаӣ? Гуфт ман тоҷирам. Дар ними давлатҳои Аврупо заводу фабрика дорам. Аммо танҳо дар Тоҷикистон мебинам, ки нисбати халқ ин қадар зулму беинсофӣ карда мешавад. Гуфтам, наметарсӣ, ки ин гапҳоро ба як одами ношинос мегуӣ? Гуфт, ки не. Ман тамоми чизамро аз Аллоҳ мебинам ва фақат аз Аллоҳ метарсам. Ва илова кард, ки чеҳраат нишон медиҳад, ки буз нестӣ! Баъд нақл кард: ман дар Тоҷикистон як заводи арматур ва як заводи пластика кушодам. Маслиҳату қарордод, чи хеле шумо мегуед, гапзанон дигар хел буд. Моҳи якуми сохтмон мерафт. Барои сохти давлатӣ аст арматур, пластика аз барои Аллоҳ розӣ буданд. 50% сохтмонро кардем. Маслиҳат дигар шуд. Ба ғайр аз инҳо гуфт, ки боз 30% медиҳӣ. Гуфтам, бошад. Чунки расходи зиёд карда будам. Қариби буд кардан, яъне анҷоми сохтмон буд, ки гуфтанд 50х50. Ҳозир ҳамонро фикр дорамки чи кор кунам. Мегуяд, ки ман барои беҳбуди давлат, барои ҳаммазҳабу ҳамзабонони худам ёрдам шавад гуфтам, аммо ман нафаҳмидам, ин хел бад будаанд. Пурсидам,ки розӣ шуда барои 50х50. Бар замми ин гуфт боз дар сохтмонҳои давлати масолеҳи бепул медодам. Гуфт,ки ҳоло чизе нагуфтам барои ин пешниҳод. Ҳафтаи дигар меоям,агар қабул накарданд,аз барои Аллоҳ ҳамон заводро носохта мепартояму меравам. Гуфт ман дар Афғонистон чанд ҳавопаймо дорам. Ба фурудгоҳи Кобул супоридагиям. Гуфт дар инҷо дошта бошӣ, супорӣ, дигар пасаш намегирдӣ. Гуфт барои як заводи шаҳрванди дигар кишвар инҳо ин тавр муносибат мекунанд, шаҳрвандони худашонро магар мемонанд, ки кор кунанд? Гуфт инҳо дар тамоми дунё номи тоҷикро шарманда мекунанд. Боз шарм нокарда мегуянд сармоягузорҳо аз кишвари мо чаро мегурезанд?

Ҳолати бади фурудгоҳи Душанбе

Ман дар фурудгоҳ кор мекардам ва дар ҳамон солҳо касе аз фурудгоҳи Душанбе 200 кг героин мегузаронад. Дар фурудгоҳи Домодедово Москва меқапанд. 1ҳафта дар фурудгоҳи Душанбе тафтишот гузарониданд. Амният, СБ, коррупсия, таможния, Прокуратура. Ман началник смена будам. Аз СБ пурсидам, ки чи гап аст? Гуфт 200 кг героинро кӣ гузаронд дар сменаи шумо? Гуфтам марҳамат камераро бинед: аз депутатский нагузаронида бошанд, аз инҷо гузарондагӣ нест. Гуфт «бо звонт дроз, гап мезанӣ, Дар тамоми дунё шармандамон каден». Хулоса тафтишот карданду ягон чи наёфтанд. Суми одамони зиёдеро гирифтанд. Як хелҳоро аз кор сур карданд. Бахудо қасам духтарҳое дар гумрук ва сарҳадоти фурудгоҳ кор мекарданд, ки як барбараш маълумоти олӣ надошт. Дар байнашон раққосаҳо ҳам буданд. Гуфтам чи тавр инҷо кор даромадӣ? Гуфт зинда бошад диван! Ин ҳикоятро хоҳед чоп кунед, нахоҳед не. Аммо ин воқеа 100% рост аст.

Сӯйқасд ба Президент дар фурудгоҳи Душанбе

Ин муши буғуз, писари Марями гурсухтаро дар фурудгоҳи Душанбе дар депутатский покушений карданӣ мешаванд. Вақте даромад онҷо як корманди давлатӣ чой хурда менишаст. Интизори рафтани Эмомомалӣ Раҳмонов. Вақте медарояд ҳама аъзои муҳофизҳо ба кори худашон машғул буданду ман медидам ҳама ҳолатро. Ин аз фурсат истифода бурда мехезаду медавад, ки як бародар мебинад дар таги костюмаш граната дорад. Ин бародар ронанда кор мекард. Ин ҳолатро мебинаду он мардро дастгир мекунад. Ин корро то ҳоло Президент намедонад. Ин охранникҳои ҳаромхур баъд дарак меёбанд. Мегуянд, «если чё мо қапидемш хап кн, ҳамара тишина мекнем ту хела мукофот мегирӣ. Ман номи ронандаро махфӣ мекунам. Баъди ин корҳо як бор занг зада гуфт «ака ҳаму мукофот чи шид, ақалан ягон ҷои кори таъин кнен». Гуфт «знкта гир, ира ай ёдт брор, ки хдтам кати ҳами наравӣ, медони куҷо?» Бовар кунед,ки ин оқи падарҳо ҳамин қадар одамгарӣ доранд.

Боз як ҳодисаи дигар

Ман дар маркази шаҳр зиндагӣ мекунам. Дар мавсими режими барқ аввал чанд рӯз пайи ҳам светҳоро мекушанд, манаҳашро мебанданд.  Тоқатам тоқ шуду рафтам горсвет. Ба худо қасам дигар худамро қапида натавонистам.  Дар хонаи кудаки майда хунук аст. Даромадан баробар дашномҳои безеб кардам. Гуфтам ҳар чизе бишавад,шавад. На очашон монд, на дигару дигараш. Гуфтам «кияй калонтон, ма пешуш дром». Гуфтанд нест. Додзании маро бо дашномҳои қабеҳ фаҳмида ҳама баромад аз утоқҳои кориашон. Як мард баромад, рости гап ному насабаш дар ёдам намондааст. Худашро ҷонишин муаррифӣ кард. Ман ҳам дар сари каҳр дашном карадм. Гуфт додар доду вой накун, биё дар  кабинет гап мезанем. Гуфтам айб нест дар маркази шаҳр одам бе свет бошад. Гуфт хабар дорем, ҳоло трансформаторро таъмир карда истоданд. Гуфтам бинед, ки ягон кас дар пеши трансформатор ҳаст ё нест? Гуфтанд, не. Гуфтам дигар баҳона наёфтед? Трансформатор бегаҳ соз мешудааст, саҳар боз аз кор мемондааст. Гуфт «чи иқа дод задестӣ, ҳози мақомоти қудратира занг мезанм бад бин». “Ма задагагийм мақомота, ма ай ҳуқуқҳои худам талаб кардестам, паҳати нархар», Мегуяд,ки «бародар бра дар хонат печкаи аловӣ мон агане ба умеди свет нашин».  Гуфтам «ай ком шаҳру ноҳияи дурдаст омадай, бра ҳамуҷада печкаи аловӣ мемонӣ, тапак алов мекунӣ. Ма дар маркази шаҳр зиндаги мекнм, айбай, дар асри 21. И гапа ича гуфтӣ, дига ягонҷода нагу». Гуфтам ним соат пас ҳамаи маҳалларо ҷамъ мекунум меоям ва баромадам. Ҳоло аз дари корхона набаромада занг заданд, ки свет омад. Бароед, эй мардум ва ҳақи худро талаб намоед. Ҳеҷ кас ҷонатонро намегирад. Ҷони шумо дар дасти инҳо нест. Мо аз қирғизу туркману узбаку қазоқ чи кам дорем, ки онҳо бо барқ таъминанду мо не? Ин аз тарсуӣ ва беҷуръатии мо аст, ки барқи моро ба Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон мефурушанд, вале дар худамон намедиҳанд, дар сармои замистон тоқат карда мешинем.

Ногуфта наметавонам. Як бародар соҳиби 4 фарзанд.
Фарзандонаш дар мактаби 42 ноҳияи Рудакӣ, ки акнун ба ҳудуди ноҳияи Фирдавсии Душанбе пайваст шуд, мехонад. Тарафи Корвон. Мегуяд пули китоби бачаи майдааш 80 сомонӣ ва се бачаи дигараш аз 100 то 130 сомонӣ. Мегуяд, шароит надорам. Вале нахонанд ҳам намешавад. Боз ҳар моҳ ҳар яки онҳо 10 сомонӣ пули мактаб месупоранд. Боз ҳар моҳ сари талаба 20 сомонӣ ремонтпулӣ. Гуё ин ремонтпулӣ то имсол дар сол буд, ҳоло моҳона кардаанд дар мактаби №42.
Вақте дар Дастгоҳи иҷроияи Президент кор мекардам сафари хизматии бачаи Майрами гурсухта ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сурат гирифт. Мо ҳамчун меҳмон таклиф шудем. Моҳи рамазон буд. Ҳар касе мегуяд, ки ин мусулмон аст, ман тайёрам бо вай спорит кунам. Хулоса рафтем Бадахшон. Рузи расиданамон ба ужин таклифамон карданд. Ҳама каса шиштагӣ будем, харкалаам ҳам нишаста буд. Мо аз нушидани чойи кабуд фармудем. Моҳи рамазон мо спиртной намехурем гуфтем. Мо рузадор будем.

Рӯзи дароз интизори ифтор будем. Гуфт,ки ака ба ғайри шумо дигар ҳеҷ кас рузадор нест. Ҳама столҳо вискиву коняк заказ карданд. Як столи шумо бе арақ коняк. Гуфтем мо чор кас рузадорем. Барои ҳамин бори дигар ба шумо гуфтаниям, ки он харкалаи бачаи Майрами гурсухта як оқипадари номусулмон аст. Зад арақ конякро дар моҳи мубораки Рамазон дар пеши ҳамаамон.

Бародар Муҳаммадиқбол! Боз як воқеи дигарро нақл мекунам. Баъзе аз роҳҳои Душанберо як ширкати хитоӣ таъмир мекард, аз ҷумла яке аз он роҳҳо, роҳи назди ширкати «Ёқут- 2000» буд. Таъмири роҳ  як ҳафта идома кард. Як вақт буд, ки хитоӣ гум шуд.

Баъд телефон -телефон карданд ва бо воситаи як донишҷуи тоҷик, ки дар Хитой таҳсил мекунад, ёфтанаш,ки дар Хитой будааст. Гуфтанд, пурсаш, ки куҷо гум шудӣ? «Ин ҳама  корҳо партофтагӣ, як моҳ зиёд шуд, ки гумӣ»?

Донишҷу хитойиро мепурсад, ки мумкин аст запс кунам? Мегуяд, бале запс куну ба ин ҳаромхурҳо парто то бифаҳманд, ки чи қадар одамҳои пастанд. Тендери буридаро нисфашро ба кисаашон мекунанд. Корро сар карда будам,ки пагоҳаш аз МВД омад ва руирост гуфт, ки хоҳӣ корро сар кунӣ ва хушру тамом кунӣ 14 ҳазор доллар бояд ба мо бидиҳӣ. Гуфтам барои чӣ? Гуфт қонуни  ҳаминро талаб мекунад. Бе проблема коратро давом медиҳӣ. Яъне ишора мекунад, ки «кришават» мекунем. Хитоӣ мегуяд, ки 14 000 долларро додам. Як ҳафа гузашта буд, ки аз Прокуратура омад.2 0 ҳазор доллар талаб кард. Гуфтам бошад. Пагоҳ биёед. Фикр кардам,ки баъди ин яқинан амният, коррпусия, налог, раиси ноҳия ва раиси шаҳр меояд. Он вақт ман чи кор мекунам? Шаб хобидам фардояш ҷомадонамро ҷамъ кардаму гурехтам.

Гуфтаст, ки ман таъмири ин роҳҳоро аз ҳисоби худам мекардам. Маро ҳеҷ кас сум намедиҳад. Ҳамчун тоҷир барои кумак ба давлтаҳои камбизоат ёрдам мекунем.

Ҳоло, акнун ман барои ин корро ниматамом партофта омаданам давлати Хитой маро ҷарима мекунад. Вале онҷо имкон надоданд. Ин хитоӣ мегуяд, ки дигар поямро ба Тоҷикистон намегузорам. Беҳтар аст Африқо равам. Онҷо об мебарорам. Хитоӣ мегуяд, ки мо ҳамсоя гуфта ёрдам карданӣ шудем, аммо садқаи ёрдам шавад ҳукумату ҳукуматдорони Тоҷикистон.

Ин Раҳмонов харкала давлати Тоҷикистонро бо чунин корҳову кормандонаш шармандаи олам кардааст. Худо туро ё хар ё хук меофарид хубтар буд, вале ҳамон хару ҳамон хукро ҳам ҳаром мекунӣ, ту бешарафи дузди носерам.

Бародар Муҳаммадиқбол! Дар навиштаҳои баъдӣ дар бораи Рустам ва Шоҳрух мегуям. Инҳоро хуб мешиносам. Аз пушти духтарҳо, ҳофизаҳо, чи тавр бачаҳоро лату куб мекарданд, сарояндаҳоро мезаданд. Шоҳрух ба фикрам худат «хит» кардӣ. Ҳушёр шав, ки шармандагиҳоятро мебарорам.
Медонам тамошо мекунӣ, Рустами муттаҳам, ту ҳам хело харигарӣ кардагиӣ ва ҳоло ҳам карда истодаӣ. Ту ҳам фаҳмидӣ, ки чиро дар назар дорам. Куронамак! Дар вақташ «ака мегуфтенша, даже хоҳару апатона мепрсид, не намегуфтен,ируз ваё ганда,даже мебинен рутона усу мекнен. Хдтон хит каден, бо ҳамаша иншо мекунум».
Бародар барномаи «Абдуҷабори кавлука» дидем хело ҷолиб. Ин Нуриниссо янга ҳоло бисёр чизора мефаҳмӣ. Ин харкалаи бесавод бисёр г..ҳ хурдагӣ аст. Худат одами хубу хоксорӣ апаи Нуринисо, лекин шавҳарат як ҳайвон аст: на ақл дорад, на тамиз.
Бародар Муҳаммадиқбол чени зуррасамон саҳм гузошта истодаем: ҳам ба лайк ҳам бо даъват кардан ва ҳам бо моддиёт.

Чоркуҳ

Салом устод! Умедворам,ки хуб ҳастед…ҳастам аз Чоркуҳ.
Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо№ 60»-ро гушкардам, ки мегуед Лайс бо келини Неъмати арканок мегардад. Баробари шунидан хело асабӣ шудам. Чунки ин дуруғ аст. Келини Неъмат хеши ман аст. Ин Апа покдоман аст, дар ҳақаш туҳмат мекунад. Падараш духтарашро бисёр тарбияи хуб кардааст.
Падари ин зан зиёда аз 20сол имомхатиби деҳа дар масҷиди маҳалаамон Қуруқ буданд ва аз дасти режими Раҳмонов ҳоло инвалид ҳастанд. Ҳамаи фарзандонашро хело хуб тарбия кардагианд. 2 духтар ва 2 писар дорад. Духтари калонияш  бо амри тақдир келини Неъмати арканок шудааст. Бо ин арканок чихел ин домулло  қудою анда шудагӣ  то ҳол намефахмам. Вай зидди дин асту падари ин зан бошанд домулло. Дустони домулло  баъзан ӯро накуҳиш мекунанд, ки Мусо духтарашро ба фиръавн додааст. Неъмат Олимов як фиръавн аст. Абулайс Юсупов, Шаропов Бадриддин як авлоданд. Авлоди калонанд, ки дар Чоркуҳ империяи авлодии худро сохтагианд. Байни худ аз пушти вазифаву пулу мол ҷанҷол карда ба 2 оила ҷудо шудаанд ва аз паи якдигар нависнавису давутоз доранд. Якдигаршонро ба коррупсияву амният фурухта истодаанд. Нафаре, ки ба шумо навистааст гуфтахояш дуруст аст. Аммо ба ин зан туҳмат задааст. Шояд у мехоҳад, ки бо ин суханҳо ин2 оиларо боз ба ҳамдигар шуронаду ба оташашон аланга диҳад. Ончи дигар гуфтаҳояш сад дар сад дурустанд, танҳо ҳаминҷояш ғалат буд.
Дар барномаи баъдӣ, ки оиди Чоркуҳ мешавад, илтимос, гуед, ки ин гуфтаҳо нодуруст ва асос надорад.

Ман оиди Абдувакили чоркуҳӣ, ки дар Макка ба амният бузӣ мекунад ва ин империяи авлодӣ, ки солҳо болои мардуми Чоркуҳ зулм мекунад ,аксу навор ва  маълумот ҷамъ карда будам то, ки ба шумо равон кунам. Аммо дар рузи ҷанг дар сарҳад меҷангидам, ки куҷое телефонамро афтондам ва дигар пайдо карда натавонистам. Маълумотҳо дохили телефон буданд.
Ҳоло аз сари нав маълумотҳоро ҷамъоварӣ дорам ва ин шо Аллоҳ рӯзҳои наздик равонатон мекунам.
Хоҳиш мекунам,ки як барномаи махсусе барои Чоркуҳ намоиш диҳед, чунки ин империяи авлодиро ҳама миллат бубинанд, ки инҳо киҳоянд:
1.Шаропов Бадриддин, собиқ раиси ҷамоати Чоркуҳ
2.Олимов Неъмат, собиқ раиси хоҷагии деҳқонӣ
3.Шаропов Обид, собиқ суд, прукурор, коррупсия ва дину танзим дар сатҳи вилоятӣ
4.Юсупов Бобоюсуф, раиси Селпо буд. 10сол бистарӣ буд. Азоби сагро кашид ва  бандагӣ кард. Падари Лайс ва Зарбдор.
5, Юсупов Абулайс, собиқ паҳлавон ,рэкет, разборчик, буз,ва ҳоло раиси ҷамоат
6.Икромов Фурқат, собиқ тренер, рэкет, шпион, мутилла, буз, подполковники милиция, соҳибкор, тоҷири бонуфуз дар Русия ва тарелкаи Рамазон Раҳимзода
7.Насриев Шукур, собик раиси ҷамоат, тренер, соҳибкор ва ҳоло корманди молия дар ҳукумати шаҳри Исфара
8.Ваҳҳобов Ғанӣ, собик таможенний, соҳибкор, тюремчик, домулло, баранда, нависанда, буз ва ҳоло радди маърака
9.Ваҳҳобов Умед, вакил, буз, нависанда, соҳибкор, захватчик, дузд, зинокор тарелка, чоплус,
10.Юсупов Зарбдор, соҳибкор, монополист ва буз,
11.Домулло Рақиб, сархатиби Чоркуҳ, буз, шайтон, мутилла, мошенник, роҳбалад ба зиёрати ҳаҷ, тоҷир
12.Домулло Абдувакил, бузи амният дар Макка, роҳбалад ба зиёрати ҳаҷ, тоҷир ва корманди сафорат дар Арабистони Саудӣ
13.Шаропов Таҳмос, тоҷир, буз, монополист
14.Шаропов Мақсад хулиган, таҷовузгар, дузд, буз
15.Ҳомидов Абдураҳмон хулиган, таҷовузгар, буз
Криша ба чавонони чоплус
16. Аюбхонзода Фатҳуддин, паҳлавон, шикамба, чоплус, буз, поставшик ва ҳоло  корманди милиция кор бо ноболиғон
17 Сангинов Қамбар одамкуш, наркоман, киллер, криша, рекет, долячи, тюремчик
18.Афсиёхуҷа, сохибкор, монополист, буз, домсоз, кантрабандисти калон дар сархад
19.Шаропов Домуллошароп, сархатиб дар масҷиди ҳазрати Шоҳ
Инҳо ҳама ҳоҷӣ ҳастанд ва боз шаҳрвандии Русияро доранд. Оиди ин авлод гап занед, гап тамом намешавад. Аммо ман кушиш мекунам кутоҳ- кутоҳ оиди ҳар кадомашон маълумот диҳам ва бо аксҳояшон равон мекунам.
20.Фарход Олимов, раиси бозори Чоркуҳ
21.Нусратулло Ахтамов чоплус, буз, агенти Шаропов Бадриддин ва муовин дар шахтаи Шуроб
22.Муҳаммадов Усмон, собиқ корманди ҷамоат, бузи зоташ тоза, бобокалонаш низ буз буда, меросӣ омадагӣ, гаврики Бадриддин Шаропов
23.Нуриддинов Бузург, собиқ ронандаи Шаропов Бадриддин ва заминсози ҷамоат ва далла байни заминфурушу замин хар ва ҳоло дар бистари беморӣ, ҳолаташ хело бад
24.Нуриддинов Додохон буз, подставшик, валютчик, соҳибкор ва яке аз наздиктарин гаврикҳои Лайси раиси ҷамоат мебошад.
25.Аюбов Сулаймон, футболист, тренер, бузи №1, маддоҳ, чоплус ва гумоштаи наздики Лайс мебошад.
Инҳо ҳама солҳост, ки мардумро зулм мекунанду Чоркуҳро аз они худ медонанд ва ҳар сардори милисаю амниятие, ки аз Кулобу Данғара ба Чоркуҳ меояд, аввал бо инҳо шинос мешаваду баъд корро оғоз мекунад ва ин бузҳо ба онҳо роҳ нишондеҳ ҳастанд.
Фархор

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз Фархор ба Ислоҳ менависам. Барномаи №60- и «Номаҳо…»-ро тамошо кардам.

Дар ҳақиқат он ҳоҷиро барои роҳро асфалт кардан ҷарима карданд. Вале ҳоло мардуми ҷамоати «Ватан» ба як по боз ба пулҷамъкунӣ сар карданд.

Аз соли таваллуди 1988 то 2000 ҳар поколений дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар ватсап, дар телеграм группа кушода ҳама хамсинфҳо якдигаро ба ҷамъ овардани маблағ даъват карда истодаанд. Гуё барои ободии деҳа ҷамъоварӣ мекардаанд ва боз аз шариат ва аз ислом барои якдигар мисол оварда, ташвиқи ҷамъоварии маблағ карда истодаанд. Ҳеҷ яке аз ин ҷавонҳо намегуянд, ки ин ҷамоат масъул дорад, ин ҷамоат бюҷет ва роҳбар дорад. Ақлу ҳушашон ба шиорҳои  «пешвояшон» аст.  Ба шумо хитоб карданиам, ки ҳой ҷавонони ҷамоати Ватан бас аст, ғуломӣ ба ҳуш оед! То кай ғуломи Эмомтапак мешавем. То кай моро ин чорто авбош истифода мебаранд. Ба шумо як мисол меорам мардуми ҷамоати Ватан. То вақте ин чорто авбош пайдо нашуда буд, мову шумо аз ҳамин куҳи Қаратов зиндагиамонро меёфтем! Дар вақти писта, писта ҷамъ мекардем. Дар зимистон ҳезум меовардем. Ҳозир чи? Як нафарат ҳамон тарафи куҳ рав поятро Фирузаи духтари песво, зани кали Зоир, модар Исмоили пингвин зада мешиканад

Мардуми ҷамоати Ватан аз хоби гарон хезен!!!

Вахш

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман як сокини ҷамоати 20 –солагии Вахш ҳастам.

Қурбони бех –Қурбон Юсуфов, раиси ноҳия Вахшро ба вахшат овардааст. 22 сол мешавад тамоми заминҳои ноҳияи Вахшро шахсӣ кардааст. Зиëда аз 500 ҳазор гектар. Зиндагии мо мардуми камбағал аз руи деҳқонӣ буд. Аз дасти зулми Қурбони бех чи кор кунем, намедонем ба куҷо шикоят кунем?

Дар «Номаҳои№ 12» шикояти сокинонро аз Қурбони бех нашр карда будед. Ин шикоят 100%дуруст аст. Қурбони бех заминҳоямонро гирифтӣ бас набуд, ки чарогоҳоямонро маҳкам кардаӣ! Мо мардуми камбағал зиндагиямон аз руй гову мол мегузарад.

Аллоҳ хору залилат гардонад.

Мо дар таги дасти Қурбони бех як соли дароз чобуқ мекунем. Мисли хар кор мекунем. Дар як моҳ 70 ё 100 сомонӣ музд медиҳад. Паяашро мегирему тамом. Паяро дар нонпазӣ истифода мебарем.

Ҳоло аз облава мегуям. Ба худо касам ставкаашон аввал 200 сомонӣ буд, ҳозир бошад 500 то 1000 сомонӣ мегиранд дар як мавсими облава. Боз баҳор шуд, боз меоянду боз пул мепурсанд, ранги гадоҳо. Дар масҷидҳои деҳаи Хлоппункт ягон кас имомхатибиро ба кала намегирад. Метарсанд, ки ин амнияти бадбахти ноҳияи Вахш имомхатибҳоро ба амният фарëд мекунад. Муллоҳои Вахш ба Русия гурехтанду рафтанд.

Ҳоло аз мактаб мегуям. Дар мактаби рақами 21ҷамоати 20- солагӣ тамоман дарси ҳалол намидиҳанд. Директори ин мактаб Ёров Давлат аст. Ӯро ба лақаби Давлатча мешиносанд. Саводи кофӣ надорад. Аз фанни таърих ва ҳуқуқ дарс медод.

Мо намедонем ӯро, ки директор мондааст. Бобоеви завуч аз дасти Давлатча ба дод омадааст. Омузгорҳо аз дасти ин директор корро бас карданд. Як омузгоре, ки корро бас кард гуфт, ки кори директор аз омузгорҳо пул кандан аст. Маҷбур шудам рӯ ба муҳоҷират оварам.

Ёров Давлат бузи амният аст. Бачаҳоро ба облава мефурушад. Ман ба вай хитоб мекунам. Чаро худат хизмати аскарӣ нарафтӣ?

Ин Ёров Давлат бангӣ ҳам ҳаст. Аз бачаҳои мо пул гирифта банг мехараду мекашад.

Хитоби мо сокинони Вахш ба Эмомалӣ Раҳмонов!

Ин Қурбони  бехро фармон деҳ, ки то соли нав  заминҳои тасарруф кардаашро ба мардум баргардонида диҳад. Агар надиҳад мо сокинони Вахш рузи 31декабр аз  Вахш митингро сар мекунем. Мо зиëда аз 1000 нафар маслихат кардем, ки рузи 31 декабр дар Соли нав ба митинг мебароем.

Эмомалӣ, мо медонем, ки Қурбони бех ба ту пора медиҳад. Ҳар соли нав як чамадон доллар ба ту доля медиҳад. Мо инро медонем. Бо ин чамадон даҳони туро замок задааст. Аз ин ҳам хабар дорем, ки Қурбони бех соли 2018 ба ту самолёт харид аз Япония ва туҳфаат кард. Барои ҳамин Қурбони бехро ягон чи гуфта наметавонӣ. Қурбони бех Давлаталӣ Саидро писанд намекунад.

Дар ҷамоати 20 солагӣ бародари Қурбони бех Ғоиб Юсупоф кор мекунад. Вай чанд ёрдамчӣ дорад дар ҷамоат. Коргарҳояшро мисли ғулом кардааст. Ҳар соли нав аз коргарҳояш 10.000 сомонӣ доля мегирад. Агар

дар муддати кутоҳ 10ҳазор сомонӣ надиҳӣ аз кор сурат мекунад. Ҷамоатро захват кардааст.

Қурбони бех 6 бародар дорад. Яке аз онҳо Раҳмоналӣ аст. Дар совхози Вахш зиëда аз 100 коргар дорад. Коргарҳояшро мисли ғулом кор мефармояд. Аксарияти онҳо зан ҳастанд. Раҳмоналӣ мубталои зино шудааст. Кадом духтар маъқулаш шавад, ҳатман зино мекунад. Ба мардуми совхози Вахш гуфтаниям, ки духтарҳоятонро ба чобуқ равон накунед, ки аз дасти Раҳмоналии бадбахт обод намемонад. Агар зани шавҳардор бошад ҳам фарк надорад. Як вақт овоза шуда буд, ки гуё Раҳмоналӣ гуфта бошад, ки мардонагиям пуст партофтаст. Бахусус духтарҳои ғармӣ ва узбечкаҳро зиёд таҷовуз кардааст.

Қурбони бех дар хлоппункт заводи пахтатозакунӣ дорад. Ба коргарҳояш аз 700   то 1000 сомонӣ маоши моҳона медиҳаду ранги ғулом кор мефармояд. Аз чангу гарди ин завод туберкулез мешавӣ.

Мо ба хулосае омадем, ки агар заминҳоямонро надиҳад митинг мекунем. Интизор бош Қурбони бех. Деҳаҳои чорум, панҷум, сеюм, аз деҳаи Хлоппункт, дуюм посёлка. Мо ҷавонҳо аз 1000 нафар зиёд сарҷамъ шудему маслиҳат кардем, ки агар  Қурбони бех то соли нав заминҳоямонро надиҳад, митингро аз Вахш шуруъ мекунем ва то қасри Раҳмонов  меравем. Раҳмонов то соли нав фурсат дорӣ!

Агар зурат нарасад ба Қурбони бех мо худамон ҳал мекунем.  Дар Вахш зиëда аз 30 ҳазор зиндагӣ мекунад.Агар проблемаи моро ҳал накунӣ, вой бар ҳолат. Роҳи 30 ҳазор аҳолиро чи хел мегирӣ Эмомалӣ? Ба задний ходат  фикр накун.  Юсупов Қурбоналиро набояд камтра аз 55 сол ҳабс кунӣ. Ҷиноятҳои ин Юсуповҳо аз муй сар ҳам зиëданд.

Хитоби ман ба шербачаҳои Вахш!  Натарсед, нависед!  Худо хоҳад мебинем дар соли нав. Барои заминҳоямон митинги бузург ташкил мекунем.

Шаҳритус

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домулло Муҳаммадиқбол!

Номаи навбатӣ аз Чилучорчашма. Дар онҷо ҳоҷӣ Раҳматуллои хусурбачаи Эмомтапак сардорӣ мекунад. Инҷоро ба монанди як бозор кардааст. Барои як холоделники морожниро монда савдо кардан дар моҳ 1000 то 1500сомонӣ медиҳӣ, аммо барои давлат налог нест. Фақат ва ҳамааш дар кисаи ҳамин ҳаромхур.

Бовар кунед, дар як моҳ 10миллион сомонӣ аз инҷо даромад дорад. Аммо ягон ҷоро обод накардааст. Меҳмонҳо аз Узбекистон ва аз дигар ҷойҳо меоянд. Ҳамааш мегуянд, ин ҷои таърихист. Аммо чаро ободаш намекунед? Хоку чангро мебинӣ, хурок мехурӣ, пури хок аст. Як катро мегириву мешинӣ 50сомонӣ. Туалеташ ду сомонӣ. Онҷо бозорча дорад. Ягон фурушандааш андоз намедиҳад. Фақат ба вай доля медиҳанду тамом.

Ман гуфтаниям, ки аз онҷо нон мехуреду дар онҷо мериҳед, зино руирост. Бовар кунед, ки мардуми Шаҳритус ва Қабодиëнро ин авлод фоҳиша кардааст. Шабҳо маст. Занҳову духтарон дар диско –клубҳои инҳо.

Милиса, прокурор, амният аз ин шағолҳо метарсанд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ғуломи инҳо шудаанд. Дар ноҳияи Шаҳритус се бозор фаъолият мекунад .Фоидааш дар дасти ин ҳаромхурҳо аст. Боз ду бозори дигари муваққат дар рӯзҳои якшанбе ташкил мешавад, ки фоидаи онро ҳам ҳамин ҳаромхурҳо мегиранд, чунки аз они ҳаминҳоянд. Ин қадар пулро чи кор мекунанд, мо ҳайрон мешавем.

Ба имомони масҷид 1900 сомонӣ маош медиҳад. Аммо онҳо мегуяд мо аз худамон 2000-и дигар расход дорем, яъне харҷ мекунем ва ин пуле, ки медиҳанд, баракс пули моро мебарорад. Ҳар рӯз маҷлис. Ягон одам имомиро қабул намекунад. Аммо инҳо маҷбураш мекунанд, ту наҳзатӣ будӣ, ту дигар будӣ, туҳмат карда дар имомӣ мемонандаш.

Якеаш ҳамсояам мебошад. Мегуяд, бовар кун, аз рӯзе,ки имоми масҷидам монданд, қарздор шудам. Як чоплуси ноҳияи Шаҳритус сархатиб Мулло Ҳисом аст. Ҳамаи муллоҳоро ба амният мефурушад, ки ин наҳзатӣ буд, имомиро қабул надорад

Тамом, капааш сухт, муллоро. Намедонам ин чигуна ҳукумат шуд, ки мардум безор шуданд. Амният вазифааш аз халқ дифоъ кардан аст. Аммо мардумро бурда лату куб ва риштарошӣ мекунад. Он имоми ҳамсояи мо риши бениҳоят зебо дошт. Аммо ӯро бурданду ришашро ранги риши Саймукаррами мунофиқ карданд. Мегуяд чанд бор рафтам, ки басаш кунам, пир шудам, қуввати ҳарруз рафтан ба маҷлисро надорам, мегуянд, ту наҳзатӣ будӣ. Як фикр кун. Муллои бечора ҳазорон шогирд дошт, ҳозир бошад як шогирд надорад. Таълимоти ғайриқонунӣ мегуянд. Чанд бор ҷаримааш карданд. Мо ҷавонҳоро дар хурдсолияшон таълими динӣ надиҳем, фардо вай калон шуда Русия меравад, кай мехонад ва аз Қуръону намозаш огоҳ мешавад?

Деваштич

Салом домулло Муҳаммадиқбол!

Мо чанд нафар ҷавон аз Деваштич дар бораи як чоплуси порахур менависем. Номаш Машарипов Муҳаммадаюб Абдуҷалолович аст. Тайи 5 моҳ аст ки ин одам директори мактаби №22-деҳаи Қалъаи Мирзобой мебошад. Тамоми мардуми деҳаро ба дод овардааст. Дар таътили тобистона сари ҳар як сокини деҳаамон аз кудак то муйсафед маблағ ба миқдори 25 сомонӣ барои ба ном «таъмири мактаб» пул гирифт. Дар деҳаи мо аз зиёда аз 7000 аҳолӣ пул ситонд. Ғайр аз ин аз деҳаи Равот дар мактаби мо таҳсил мекунанд аз онҳо чи қадар ситонд, маълумот надорем. Қисмати мактабе, ки онҳо ба ном таъмир карданӣ буданд, фарсуда мебошад (шурахок) , ниёз ба таъмир надошт. Фақат шиферашро иваз кард, ки ягон маъное надорад.З имнан ин шиферҳоро чанд соли пеш харида барои таъмир монда буданд. Ин одам пулҳоро аз худ карда ба мардум гуфт, ки агар пулҳоро ба ман надиҳед, ман намегузорам, ки шумо масҷидро созед. Соли гузашта аз пушти чанд нафар аҳмақ масҷиди деҳа сӯхт. Машарипов Муҳаммадаюби аҳмақ бо кормандони амният забон як карда гуфтааст, ки агар мактабро таъмир накунӣ, масҷидро намемонам, ки созед. Мардуми деҳа ҳама пул дод. Бар замми ин, онҳоро маҷбур кард, ки «ҳар рӯз шумо бадбахтҳо ба устоҳои мактаб хурок мебиёред. Ба ман фарқ надорад, ки шумо чи доред, надоред, ҳамаат маҷбурӣ, ки ош биоварӣ, вагарна коратро безеб мекунам».

Дар як нисфирӯзи зане бо кӯдакаш ба мактаб оши устоҳоро бурда истода буд, ки кудаки бечорааш гирёну нолон бо либосҳои ҷанда, бе пойафзол, дар рӯзи гарми тобистон,аз пушти модараш давида рафтода буд. Кудак аз модараш талаб дошт, ки «очаҷон ба ман ҳам ош те». Модари бечорааш аз шарм ба мо гуфт: “чи кор кунам, ки шавҳари ман дар муҳоҷират аст, дар хонаам каме биринҷ буд, палав кардам ба кудаконам намонд».

Машарипов Муҳаммадаюб ин зани бечораро аз дур дашном карда бо овози баланд: «чи инҷаба бачи апаат кор карсодасмӣ, ки соат чанд шуд,тарбузаш канӣ,» гуфта дод мезад. Ин чоплус мардумро барои ҳашар даъват мекард. Ба замми ин ду устое, ки шифер мезаданд, онҳоро бо роҳи тарс маҷбур карда гуфтааст, ки агар шумо шиферро бепул назанед, ман оиди шумо ба кумитаи андоз хабар медиҳам, ки онҳо бе патент дар деҳа кор мекунанд.

Рузе аз муаллимае 2000 сомонӣ ё 2тонна семент талаб кардааст, ки шавҳараш чанд сар гусфанд дошт. Дар сурати надодани пул ё наовардани семент таҳдид кардааст, ки агар гусфандонат дохили боғи мактаб шавад аз гусфанд мемонӣ.

Машарипов Муҳаммадаюб дар вақти омузгориаш низ палид буд. Ҳамаи хонандагоне, ки мактабро хатм мекарданд як ба як хонаҳояшонро нишон дода ба комиссариати ҳарбӣ онҳоро мефурухт.

Дар шаҳри Хучанд дар Донишгоҳ (ХГУ) сухтор ба амал омад. Мо якчанд донишҷуёнро гуфтанд,к и аз ҷои иқомат ва мактабатон справка биёред. Мо барои гирифтани справка ба мактаб ба назди Машарипов Муҳаммадаюб омадем. Ӯ ба мо гуфт,ки «он вақтҳои бепул гирифтани справка гузашт, пула мебиёред баъд справка».

Мо ба Донишгоҳ баргаштем. Онҷо аз мо 2000 сомонӣ талаб карда гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳои шумо дар сухтор сухта нобуд шудааст.

Мақсад аз ирсоли нома бародар Муҳаммадиқбол ин аст ки масҷиди сухтагии деҳаамонро аз нав бунёд намоем. Лекин ин Машарипов Муҳаммадаюб бо амният забон як карда намемонад, ки мо масҷидро бунёд кунем. Мегуяд, ки то мактаб обод нашавад намегузорам,ки масҷид сохта шавад. Як марди сахӣ барои масҷид 15 плитаи сементӣ харид, Машарипов Муҳаммадаюб уро ба амният супорид, ки барои масҷид плитаи сементӣ харидааст.

Бо эҳтиром як гуруҳ ҷавонон аз деҳаи Қалъаи Мирзобой

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№77 появились сначала на ISLOH.net.

«Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет»№67»
Яке аз вижагиҳои «Номаҳо….» ин аст ки бархе аз хонандагони огоҳ ва закӣ баъди қироати матолиб бетарафӣ зоҳир накарда дурустӣ ва ё нодурустии бархе аз нукоти онро баён месозанд. Нахустин номаи ин шумора дурустии ин иддаои моро собит мекунад. Аз тарафи дигар муаллифони номаҳо бо матраҳ кардани мушкилоти худ, маҳал ва ё навоҳии зисти худ, дуруғҳои мақомотро ҳам маълум месозанд. Барои мисол ҳамин масъалаи иҷрои нақшаи мавсими тирамоҳии даъват ба артиш. Мақомот воҳима мекунанд, ки фалон ҷамоат ва ё фалон ноҳия дар рӯзи аввал ва бо хоҳиши худ нақшаро иҷро карданд. Вале, масалан аз Чоркуҳи Исфара навиштанд, ки ҳеҷ касе довталабона аскарӣ нарафтааст.

Ва ё инки аз куҳистони Масчо як масъалаеро матраҳ карданд, ки онро метавон дар дигар навоҳӣ ҳам мушоҳида кард. Раиси ноҳия сокинони деҳаҳои болои замин ё чарогоҳ бо ҳам баҳсу даъво доштаро бо фиреб ҳам пулашонро мегирад ва ҳам ба ҷони ҳамдигар меандозад. Тафсилоти ин ҳодиса ва дигар рухдодҳо дар навоҳии кишвар манзури шумо карда мешавад:

Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Дар сомонаи «Ислоҳ» ҳарду қисми навиштаи ҷолибатон   таҳти унвони « Э.Раҳмонов дар пушти парда ё махуфтарин пирамарди 71-сола»-ро хондам. Хеле чизҳои ҷолибе аз зиндагии ин пирамарди махуфи ҳафтодуяксола ҳикоят кардаед. Аммо баъзе аз маълумотҳо саҳеҳ нестанд. Маро суроғ накунед,ки кӣ ҳастам. Аммо дар бораи Раҳмонов ва наздикони вай камубеш маълумот дорам. Масалан Мустафо Давлатов, раиси собиқи фабрикаи «Ширин» падарзани Рустами Эмомалӣ нест. Мустафо амаки зани рустами Эмомалӣ аст. Вай дар хонаи зани дуюмаш, ки дар пушти Тоҷикпотребсоюз ҷойгир мебошад, зиндагӣ мекард. Аз роҳи пушти беморхонаи Медгородок, агар аз дарвозаи қафояш бароӣ, дуюм ҳавлӣ аз они уст, ки то ҳол оилааш зиндагӣ мекунад. Писари Мустаффо Далер ном дорад. Аммо Рустам духтари бародари Мустафоро гирифтааст. Мустафо бародари Лутфулло Давлатов актёр ва овозхон ва директори телевизиони Сафина аст. Хусури Рустами Эмомалӣ ҳоло муовини раиси Кумитаи андоз мебошад.

Оиди куштори Маҳмадназар Салихов.Салиховро барои доштани информатсияи зиёд убрат карданд. Салихов вақтҳои ахир зиёд нақлҳо мекард. Дар чанд ҷо дар бораи онки ӯ чи тавр бо фармони Оила ба Кулоб, ба хонаи Лангариев Суҳроб ва падараш Салмон ҳамла кард, ҳикоят карда буд.

Як нуктаро мехоҳам бароятон ёдоварӣ кунам.

Солҳои 2000-2004 як марҳалаи переломный дар тиҷорати наркотик барои Тоҷикистон буд. Як низом ё контроли конкретӣ надошт. Ҳамаи қумондонҳо ба ин тиҷорат машғул буданд. Чунки барои қумондонҳо маблағ лозим буд; барои аскаронашон, хурондану пушондану таъмин кардану яроқ харидан. Вақте ҷанг буд, мезаданд, ғорат мекардан, пул ба даст меоварданд. Аммо вақте каму беш оромӣ шуд, онҳо аз ин имтиёз ва ин имконият бенасиб шудан гирифтанд.

Чоловҳо, Шамоловҳо, Суҳроб Қосим, Ғаффор Мирзоев, Салам ва дигарон конкретно ру ба бизнеси наркотик оварданд. Байнашон гоҳо ҷангҳо ҳам мешуд, аммо боз тинҷ мекарданд.

Раҳмоновро маълумот доданд, ки суми калон дар наркотик аст. Ҷамъашон карду гуфт, ки «чандқае метонен, кнен, неки барои Ватан ай сари сумош як қисми хубша тиен, ки мо вайронаҳора соз кнем». Ин муомила ба ҳама писанд омад.

Аммо соле баъд Раҳмонов қумандонҳоро оҳиста-оҳиста аз бозӣ бароварданро сар кард. Русия ҳама вақт, ки то таҳпуши Рахмонов жучок дорад, тавсия кард, ки қумондонҳо дарди сарат мешаванд, мо кумак мекунем, якто- якто гумашон кун.

Ин кор ба гуфтан осон буд. Агар ин информация ба берун дарз мекард, шабошаб Раҳмоновро мурдаашро меёфтанд. Раҳмонов ба русҳо мегуяд, ки ин қадар, ки фикр мекунам, роҳи ҳал пайдо намекунам, намедонам чи хел ҳал кунам. Русҳо мегуянд, ки ба воситаи ягон одами боваринокат аввал бо ҳар як командир во хурда фикрҳояшонро фаҳм.

Раҳмонов Нуралӣ Шералиро фаҳмонида мегуяд: «бояд ай байншон, ай ҳама преданиша фаҳмем. Нуралӣ Шералӣ началник ГАИ республика кор мекард. Вай

аввал пеши Чоловҳо меравад, ки Султони Чол крупно мезад. Чоловҳо пошёл на три букви мекуннад. Ба пеши Шамоловҳо меравад, ки С. Шамолов бисёр пухта буд,мегуяд мо ҷонамонро медиҳем, бизнес чи аст?

Суҳроб Қосим полностю дар вербовкаи Раҳмонов афтода буд. Ӯ ҳам мегуяд, ки ман бо Президентам.

Ғаффор седой мегуяд «бо нарам да кабинет ҳардыта кати Эмомали б…ом».

Раҳмонов ба хулоса меояд, ки аз ҳамаашон Суҳроб беҳтар аст, чун аз Данғара аст.   Қисса кутоҳ Раҳмонов оҳиста-оҳиста Ҳасани хусурбачаашро дар бизнеси наркотик дароварда куратор мемонад.

Султони Чолро заҳр дода мекушанд. Ғаффор Мирзоевро барои абад маҳкум ба зиндон кард. Саламро ҳам аз бозӣ дур кард .Сайвалӣ Шамолро ҳам як илоҷ карда   ба он дунё гуселониданд

Хулас, ё кушт ё маҳкам кард. Маҳмадсаид Убайдуллоев аз худ серий кардинал нишон дод, ки «марам ҳастм».Уро ҳам русҳо аз тарафи дигар барои рузи мабодо тайёр карданд ва дар бизнеси наркотик даъват карданд. Ва ҳам бо қумондонҳо дар контакт баромад. Убайдуллоев вақте баромад, ки аллакай Президент ба воситаи Суҳроб Қосим мустаҳкам шуда буду «гапзанша янима мекард». Убайдуллоев ба баъзе аз ақибмондаҳо гуфт, ки бо ман бошед, «ма Суҳроба янима мекнм». Убайдуллоев бо оилаи Лангариевҳо часпонду Бахтиёр Лангариевро дар СОБР қумондон монд. Ҳол он ки СОБР мисли спецназ ба МВД тааллуқ дошт.

Спецназ аз Суҳроб Қосим буду СОБРро Убайдуллоев бар зиди спецназ кард. Рейдҳои калон дар болои мости Путовский ва мости Текстиль доир мекард СОБР-и Лангариев. Фақат бачаҳои Суҳробро шикор мекарданд.

Хонаи Суҳроб Қосим дар 33-юм микрорайони Душанбе буд ва ӯ ҳар руз ба қисми ҳарбияш,ки дар Қулписта воқеъ буд, ҳамон тавр мерафт. Хонаи Содиқ Алиматов, Кузратчаи спецназ ҳам дар 33 буд. Рузе бо фармони Убайдуллоев СОБР-и Лангариев,ки дар болои мости Путовский рейд доштанд, ба колоннаи Содиқ Алиматов нападени мекунанду 4 бачаашро мекушанд. Содиқ бо роҳи пеш, аз самти повороти мост тарафи зоопарк мегардонаду газ медиҳаду  рост ҳуй мехурад тарафи Қулписта. Ин хел ҳолатҳо зиёд мешавад. Раҳмонов ба хашм омада Убайдуллоевро предупреждение мекуннад. Дар он вақт Лангариевҳо имкониятҳои хуб доштанд, қувваи кофӣ ҳам доштанд.

Русҳо ба Раҳмон оҳиста мегуянд, ки Убайдуллоев ҷоятро гирифтанӣ. Раҳмонов корро дигар хел мекунад. Салиховро тайёр мекунад. Салихов маълумотҳо гирдоварӣ мекунад, ки Суҳроби додари хурдии Лангариевҳо бо афғонҳо каналҳои калони наркотик ба роҳ мондаву тонна-тонна гузаронида истодааст.

Раҳмоновро крышааш меравад: «мега и паати бинидроза, яъне Убайдуллоева ма бля да таги фукам ниго кам и имруз и хел ходо дора. К…зана то дина руза занш ай ҳамсояҳош руған металбид».

Салихова дастур медиҳад, ки чи коре мекунӣ- намекунӣ Суҳроб Лангариевро убрат кун. Салиховро Худо медиҳад. Техникаро мекашаду мебараду ба дараҷае мезанад, ки ки хоки Кулобро мебезад. Сипас бачаи Суҳроби Лангарӣ ва бачаи Сангакро ҳукми абад доду нафарони зиёди онҳоро онҷо кушт.

Ба назар ин як амалиёт зиди наркотик буд, аммо то имруз сири ин корро пинҳон медоранд. Салихов Маҳмадназар як ду бор дар пеши як ду кас дар кадом маъракае дар ин бора гап мезанад, аммо дарав аз Раҳмонов сигналаш доданд, ки хап кунад.

Ва, дар охир як нуктаи дигар, ки дар он матлаб бояд тасҳеҳ шавад ин аст ки он бачаеро,ки Илҳоми Ботурободӣ дар вақти с…с бо Таҳминаи духтари Раҳмонов меқапад номаш Эраҷ буд. Дар следуправленияи МВД муфаттиш буд. Лақабаш Эраҷи зард. Хулоса домулло мо одами дарунаем ва норозиҳои ин дохилем ва сирҳои зиёдеро медонем,ки ҳатто одамҳои давру бари и подабон намедонанд. Ҳар маълумотҳои лозимаро аз ҷиноятҳои и подабон мерасонемтон, хаста ношуда шапидан бгир фақад.

Исфара

Ассалому алайкум устод! Умедворам хуб бошед. Дар шабакаҳои телевизионӣ эълон карданд, ки Чоркуҳ нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи аввали мавсим иҷро намуд. Аммо ин иҷрои нақша бо чи азобу ситаме ба даст омад. Ду нафари шиносамро амниятиҳо бурданд. Бачаи яке аз онҳо дар Русия буд. Бо воситаи Аҳрори бузи даюс тавонист, ки ҷавоб гирад. Аммо дуввумиашро, ки бародарзодаи як домуллои худотарс буд, се рӯз маҳкам карданд. Бародарзодаи домулло, яъне ҷиянаш дар сини даъват буд. Амниятиҳо руирост гуфтаанд, ки туро ба ҷои модарат маҳкам кардагием. Амниятиҳо гуфтаанд,ки ба мо супориш шудагӣ аст ки бачаҳои синни даъватии Чоркуҳу Ворухро, агарки ба комиссариат ҳозир нашаванд падар ё модарашро маҳкам мекунем.

Ҳамон нафари якумӣ, ки гуфтем Аҳрори буз пул гирифта ҷавоб дод, баъди омадан гуфтааст, ки дар амният як 50 нафар зану марди калонсолро маҳкаманд. Аммо кадоме, ки «таға» дорад ё пул медиҳад, онҳоро ҷавоб медиҳанд. Нақшаи даъват иҷро шуда бошад ҳам то пул нагиранд ин одамҳои калонсолро ҷавоб надода истоаанд.

Дар Чоркуҳ 32 маҳалла ҳаст. Амният ҳамаи вакилҳо ва имомҳоро як поя мондааст. Кадом маҳаллае, ки сарбоз дод ва ё барои хариди сарбоз пул дод, дар онҷо қувваи барқро медоданд, кадоме иҷро намекард, ҳануз пеш аз саршавии режими барқ светҳоро мекуштанд. Ҳатто эълон карда истодаанд, ки агар солдат надиҳед соли дароз бесвет мегардед. Ман дар ҳамсоягии раиси ҷамоат зиндагӣ мекунам. Раис 3 сарбоз харида дод. Мо барқ доштем. Раиси ҷамоат дар масҷид гуфтааст, ки боз бояд се сарбози дигар диҳем, баъд халос мешавем.

Устод Муҳаммадиқбол дар барнома як даҳан ба имомҳову вакилҳои маҳалла гуед, ки аз минбари Муҳаммад, саллалоҳу алайҳи вассалам дар бораи обунаи гезат гап назананд. Ин амниятиҳои худозада барои ҳар як масҷид 2500 сомонӣ обунапули грузит кардаанд.
Имоми маҳаллаи Таги сада баъди намози аср боз дар бораи солдат гуфтааст.   Дар ҷамоат маҷлис шудааст. Сардори кумитаи амнияти ноҳия омада имомҳоро қариб ба ҷавобгарӣ кашидааст, ки шумоҳо бе иҷозат аз сарбоздорҳо пул гирифтаед.

Файзобод

Салом бародари арҷманд Муҳаммадиқбол!

Аз ҷамоати Қалъаи дашти Файзобод бароятон менависам. Дар ин ҷамоат Набиев Муҳаммад, як нафар буз, раиси ҷамоат буд. Ба қарибӣ уро дастгир карданд барои порахуриаш. Ё маркази ноҳия ва ё Душанбе бурдаандаш бачаҳои амният. Аммо боз ҷавобаш додаанд. Ин нафар як майхораи ҳаромхур аст. Пеш аз вай як нафари дигар Ҳусейн Зиёев раиси ҷамоат буд, ки вай ҳам айни ҳамин раис порахур буд. Соле, ки Раҳмонов аз Дашти мазоро омад, Ҳусейро аз кор гирифта дар ҷояш котибаашро таъин карданд. Номи ин раиси Зебо Шарипова аст. Тамоми заминҳои Дашти мазорҳоро фурухтанд. Як замин барои худаш, як замин барои додараш гирифт. Ҳардуяш дар якҷо гирифта хонаҳои бо ҳам монанд бардоштанд. Ин хонаҳои онҳо дар назди собиқ фермаи Дашти мазоро аст.

Шарипова Зебо то ҳозира котибаи раиси ҷамоат аст.

Зебо 3 кудак дорад. Ду духтар ва як писра. Таваллуди бачааш соли 1993 мебошад. Як духтараш дар ҳамон Дашти мазоро ба шавҳар баромад. Духтари дуввумиаш    дар чандин ҷо замин дорад. Як заминаш дар лаби оби Элок мебошад. Якеи дигараш дар Суфмирзо, якеи дигараш дар Сепочаха. Замин  Сепочахаш дар номи як акаашон аст. Дар пеши ин заминашон 2 чашма мавҷуд аст ки ҳардуяшро соҳиб шудаанд.

Як чашмаашро бояд як магазинчӣ меовард. Аз ҷамоат омаданду намонданд. Ҳамин беваи котиба онҷо буд. Як ҷанги калон шуд. Инҳо замини онҷоро хоҷагии деҳқонӣ кадаанд. Аммо ҳеҷ боғе бунёд накарданд. 30- 40 бех ток, чанд дарахти чормағзу олучабандак, тамом. Ин Маҳмади буз аввал масъули столи ҳарбӣ -вус буд. Якуним сол шуд, ки раиси ҷамоат аст. Саводи казоӣ надорад.

Бачаи табиб мегуяндаш. Сахт майзада аст. Чанде қабл дастгир мекунанд, аммо бачаҳо гуфтанд, ки ҳоло боз кор карда истодааст. Ҳеҷ чизе фаҳмида намешавад аз амалкарди ин мақомоти фасодзадаи мо.

Масчо

Ассалому алейкум устоди гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин!

Аз куҳистони Масчо бароятон менависем.

Раиси собиқи ноҳияи куҳистони Масчо Маҳмадҷобир Раҷабзода аз деҳаи Лангар аст. Ин шахс раис шуду мардуми ноҳия нисбати якдигар бадбин шуданд. Дар ноҳия 54 деҳа мавҷуд аст.

Раҷабзода раис шуду ба додани ваъдаҳои дуруғ шуруъ кард. Аввалин коре, ки кард мардуми деҳаи Палдорак ва Деҳманораро барои тагоб ҷанг андохт. Ӯ ваъда додааст, ки 10 ҳазор доллар диҳед, ман тагобро аз палдоракиҳо мегираму ба шумо медиҳам. Пулро гирифту аммо натавонист, ин кор ва ин ваъдаи додаашро анҷом диҳад.

Фасли баҳор вақти айлоқшинӣ шуду мардуми Палдорак хостанд ба ҷои қадимаи худ раванд, аммо мардуми деҳаи Деҳманора сари роҳашонро гирифтанд, муноқиша карданд. Ҳатто парон-парон ҳам карданд. Чун раиси ноҳия Раҷабзода барои деҳманорагиҳо ваъда дода буд, ки пул диҳед баҳси тагобаро ҳал мекунад, яъне палдоракиҳоро намемонам. Чарогоҳро ба шумо деҳманорагиҳо сертификат карда медиҳам.

Бовар кунед, ки мо безор шудем аз ин режими Раҳмонов. Мо мардуми ноҳия асосан ба деҳқонӣ ва чорводорӣ машғулем. Куҳистони Масчо 30%ҷумҳуриро дар сол бо картошка таъмин менамояд. Аммо нисбати мо ягон таваҷҷуҳе сурат намегирад. Худи Раҳмонов дуруғ мегуяд, намояндагонаш ҳам аз худаш бештар дуруғ мегуянд.

Масчои куҳӣ баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ноҳияи алоҳида шуд. Аввалин раис Ҳасан Сироҷ буд, ки ин шахс барои Масчо хиёнатҳои бузург кардааст. Инҳо маҳаллаеро ҳамчун маркази ноҳия интихоб карда ва дар онҷо ба сохтумони иншоот ва муассисаҳои давлатӣ шуруъ карданд. Шаҳраки Меҳронро дар ҷойи нодуруст интихоб карданд. Хеле пули бюҷет ва мардумро дуздианду талоаву тороҷ намуданд. Аксарияти ин сохтмонҳо дере нагузашта деворҳояшон ба кафидан сар кард. Баъзе деворҳо фуру рехтанд. 10-ҳо миллион сухт. Аммо касе аз касе намепурсад, ки инҷо чи гап аст? Баъди Ҳасан Сироҷ раиси ноҳияи Оқил Оқилов таъин шуд. Вай аммо як дузди ба гуфтаи мардум «грамотний» буд.

Соли 2009 мо мардумони деҳа хати светро аз деҳаи Хайробод то деҳаи Сабағ кашида бурдем. 7деҳа. Албатта бо ёрии ҳамдигар. Наздики 20 километр. Аммо Оқил Оқилови дузд ин ҳашари мардумиро «проект» карду аз бюҷет барои кисааш гирифт. Ду дафъа вакили Маҷлиси намояндагон шуд. Азбаски бо Эмомтапак шинос аст ҳоло дар дастгоҳи иҷроияи вай кор мекунад.

Раиси нав Охунов Суҳробшо шуд. Ин шахс молдор буд, аммо инсоф ҳам дошт. Баъди ин раис боз нафари дигар раис шуд, ки лақаби «бачаи чупон» ро дорад. Ин нафар иқтисодчӣ .Як дузди ҷангандоз, яъне ҳамин

Маҳмадҷобир Раҷабзода. Зулме, ки ин номард нисбати мардуми куҳистони Масчо кард, ҳеҷ кас накардааст. Ин дузд дар ноҳия 2 заправка дорад.

Ҳамчуноне дар аввали нома гуфтам ин сокинони деҳаҳои Палдорак ва Деҳманораро барои замини тагоба ба ҷони ҳам андохт. Вақте байни ду деҳа ҷанг шуруъ шуд ва аз вай хостанд, ки мардумро ором кунад, ин «бачаи чупон» зуд ба вилоят занг зад ва гуфт срочно спетсназ фиристед, ки ин халқҳо гапро гуш накарда истодаанд.

Спетсназ омад. 10 нафарро қапид ва бо ҳамин алоби хезондаи Маҳмадҷобир Раҷабзода хомуш шуд. Дар ҳол генералҳо бо мардуми Палдорак договор карданд, ки 3 соат вақт, 80 ҳазор доллар диҳед, «мо шуморо саправаждат мекунем то ҳаму ҷойи қадиматона».

Ин мардум корро буд карданд. Ба ҳамин «тема» ҳал.

Боз ин хоини мардуми Масчо  проекти дигар кашид. Халқи деҳаи Муждиф ва Эсизро ҷанг андохт ва боз барои тагоб.

Ин деҳаҳои асрҳо дар канори ҳам айни замон нисбати якдигар бадбин шудаву байни ҳам ҷанг карданд. Ин раиси номард ба сардори  милисаи ноҳия Насимов дастур дод ва вай ҳам аз ҳарду деҳа 20 нафарӣ бурду шинонд. Яъне деҳаҳоро ба ҳам зада Маҳмадҷобир Раҷабзода пул кор карда истодааст. Дар давоми чанд соли раисиаш ягон кори хайру монданӣ ба мардуми Масчо накард.

Мо мардуми куҳистони Масчо босмачӣ будем, аммо ҳозир мутаассифона буз бисёр шудагӣ аст.

Дар асри 21 дар Масчо деҳаҳое ҳаст, ки то ҳол хати барқ гузаронида нашудааст ва мардум бо чароғи бобоиву солярка зиндагӣ мекунанд.
Чоркуҳ

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман ҳамон шахсеям, ки дар бораи имомхатибон Рақиб ва Насрулло навишта будам. Ҳоло мехоҳам, ки аз вазъияти беморхонаи Исфара бигуям. Беморхонаи Исфара имрузҳо ба як муассисаи тиҷоратӣ бадал шудааст. Главврачи беморхона Муҳаммедов аз Ворух аст. Ин нафар чоплуси Раҳмонови тухм аст. Ин беимон беморхонаро аз тарафи куча аз ҳисоби беморону полшуякҳову медсестраҳову табибҳо таъмир кардааст.

Бечора полшуякҳо 200- 250 сомонӣ маош мегиранд, боз аз нуги ҳамин мегирифт ва мегуфт, ки барои ободонии беморхона сарф мекунад. Солҳои пеш беморхона мерафтед барои табобат пул месупоридед ва 12 -15 руз табобат мегирифтед. Тамоми доруву ЭКГ , рентген, анализҳо аз ҳамон 400 сомонӣ буд. Аммо ҳоло 450 сомонӣ ба хазина месупоред ва  боз бар замми ин ба Фароз барои анализ 70- 80 сомонӣ месупоред, боз гепатит 50 сомонӣ, плюс 30 сомонӣ барои ташхиси СПИД месупоред. Бубинед, ки як зани 60 сола ё ҳамин тавр мусафеди 70 сола, ки аз қишлоқ берун нарафтаанд, онҳо ҳам агар беморхона омаданд, ҳатман барои гепотиту Сипд анализ месупоранд ва пулаш меравад ба лабораторяи Фароз.

Доруву шприцу таблеткаву кату рахти хоб, ҳамаашро худатон «таъиин» мекунед. Беморхона ягон чи ҳатто дока ва ё бинт намедиҳад.

Ҳоло 1500 сомонӣ бояд маблағ сарф кунӣ ва хурокатро ҳам аз хонаат таъмин мекунанд. Савол инҷо аст ки агар доруву уколу ягон чиз нест, чаро мардумро қабул мекунанд ва чаро инҷоро бемористон мегуянд. Чаро нархҳоро арзон намекунанд? Ҳол онки ягон чи надорад беморхона.

Дар ҳақиқат аҳволи беморхонахо бисёр бад аст. Як нафар пизишки бособиқи ин бемористон гуфт, ки шумо фикр накунед, ки мо аз ин тарзи кор хурсандем ва ин пулҳо ба кисаи мо меравад. Ин пулҳо мустақим ба Фарози домоди Раҳмонов меравад. Ва агар мо аз беморон пул нагирем, бовар кун дар ягон беморхона як касро намеёбӣ, ки ҳатто укол кунад. Ҳама мепартоянд корро ва мераванд Русия ва хориҷ аз кишвар.

Бо вуҷуди ин ҳама харҷу масраф боз ба ҳамшираи шафқат ва ба табибҳо бемор пул медиҳад.

Ҳозир бошад соҳибкорони Исфараро маҷбур карда истодаанд, ки беморхонаро обод кунанд.

Аммо боз аз беморҳо, духтурҳову старший медсестраҳо 25 сомонӣ барои таъмири    беморхона мегиранд.

Ҳар як старший медсестра дафтар дорад, ному фамилияи беморро менависанду 25 сомониро мегиранду баъд хат мезананд.

Агар надиҳӣ то ҷавоб шудан 25 сомонӣ деҳ гуфта ҳар саҳар ба сарат меоянд.   Охир одами дошта медиҳад бе пул чикор кунад? Чеки 400 сомона аз пушти ин Фарози лаънатӣ ба 1500 сомонӣ баробар шуд.   .

Аммо айни замон аз фурсат истифода карда Муҳаммедови ҳаромхур ҳам барои худаш пул ҷамъ карда истодааст.

Як  масъалаи дигар ин масъалаи литсензия аст. Кормандони ГАИ ва лицензия  мардумро зулм мекунанд. Касе, ки камтар риш дорад, протокол мекунанд. Лицензия рузи сешанбе ва панҷшанбе меояд. Дар осоишгоҳи Зумрад дар деҳаи Қаробоғи сурх як мошин меистад ва дар назди мазори Сурх як мошин. Бубинед, касе, ки борҳояшро аз бозори Сурх ба тарафи Чоркуҳ хонаҳояшон мебаранд медораду аз 20 сомонӣ то 150 сомонӣ мегирад, надиҳӣ протокол мекунад. Ба тарафи Исфара равӣ дар Қарабоғ медораду пул мегирад ва дар Зумрад медорад пул мегирад. Охир лицензия ҳақ надорад худаш танҳо мошинҳоро манъ кунад.Бояд дар наздаш ГАИ бошад, аммо инҳо қонунро задагиянд, сум кор карда истодаанд. Ҳақ надорад дар 4 километр 3 мошини лицензияву даҳҳо мошин ГАИ истад.

Вахш
Салому алайкум бародар Муҳамадиқбол! Ин Қурбони бехи раиси мо забони русиро намедонад, боз ҳоло мехоҳад, ки сафири Тоҷикисто дар Олмон шавад.
Ин Қурбони бех дар Олмон завод дорад, пахтаҳояшро онҷо бурда переработка мекунад.
Аз он заводаш фақат хешу табори худаш медонистанд, аммо ҳоло дигарҳо ҳам медонанд,
Қурбони бех хост ба Олмон равад ва аз онҷо корҳояшро аз Олмон управлят  кунад, лекин чуноне шунидам лаънат кардаи Аллоҳ намондаш, ки равад. Ҳоло дар куҷое шинад мегуяд, «калла -каду намонд брам, отдых када корора управлятькнм».
Ин Дастагул Мирзоева як писар дорад, бе права мошин меронад Бисёрии ғармиҳоро подставит карда, заминҳояшонро  аз худ карда мефурушад, кайфу сафо карда мегардад,
Дастагул Мирзоева мо медонем дар таги пои кӣ хоб мекунӣ ва чи тавр хобу хез мекунӣ.
Барои таъмири беморхонаи Вахш маблағ ҷудо карданд. Ҳамаи маблағҳоро гирифтану талаву тороҷ карданд. Аммо вай беморхонаи худашро сохт. Беморхонаи марказӣ то ҳол харобу бетаъмир истодааст,
Вақте ки ягон кас бемори сахт шавад, занг занӣ, ки мошини ёрии таъҷилӣ ояд, мегуяд, ки сузишворӣ надорем, касалатонро гирифта биёред, ё ин ки сузишворӣ оварда резед, рафта касалатонро меорем. Чанд нафар бемор аз дасти ин гуна муносибат ҷон ба ҳақ супориданд. Сардухтури бемористон пулҳои беморхонаро бо бухгалтераш несту нобуд карданд. Бухгалтерро шинонданд, аммо Абдувалии главврач дар озодӣ гаштааст. То вақте ин Қурбон Юсупови дузд раис аст вазъият беҳбуд намешавад. Боз аҷоиби кор дар он аст,ки Давлаталӣ Саид раиси вилоят таъин шуд якум визиташ аз Вахшу аз Қурбони бех буд. Дузд дуздро дар моҳтобшаба мешиносад.

Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқбол!

Дар бораи мактаби рақами 6 дар Душанбе, ки дар наздикии колсевойи Пивзавод воқеъ аст гуфтаниам. Аз шуруъи фаъолияти ин мактаб ягон 4-5 сол мегузарад. Мактаби он қадар калоне ҳам нест. Барои хариди либоси мактабӣ ҳамара якҷо фиристоданд. Нархи як костюму брюк 300-320 сомонӣ ва супориш чунин буд, ки ҳама аз онҷо бихаранд ва квитансияашро ҳам биёваранд. Либосҳое, ки дар онҷо мефурухтанд, АЛЛОҲ шоҳид матоъаш  ба ҳадде пасту бесифат аст,кидар байни як моҳ пат мебарорад ва дигар онро саг намепушад. Агар ба ёд дошта бошед, дар вақти союз лингаҳо барои гандум буданд. Як намуд латаи матоъаш бисёр ҳам дурушт буд. Либосҳои мефурухтагии инҳо айни ҳамон аст. Аммо ман бозор рафтаму ба 340 сомонӣ харидам. Фарқият аз замин то осмон, моли Туркия ва сифаташ ҳам хеле беҳтар. Ман гуфтум агар аз мактаб пеш ҳам кунанд, бояд фарзандони ман синтетика намепушанд.

Баъд сар шуд «ҳаёт» дар мактаб.
Барои талабаҳои синфи як маҷбурӣ аз мактаб 5-тоӣ китобу як тоӣ рӯзнома доданд. Сари ҳар як талаба 150 сомонӣ талаб карда истодаанд. Ҳатто кудакҳоро дар синф як хел рӯз ҷанг мекардаанду обратно барои пул ба хонаҳо мефиристодаанд.

Ҳозир боз иди муаллимаҳои талбанда будааст. Маҷбур карда истодаанд, ки пули туҳфа, 50 сомонӣ ҳар як талаба бояд оварда биспорад. Мудири маорифи Душанбе бо як мошини Ҳундай аксенти сафед мегардад, албатта ,ки ронанда дорад.  Рақами мошин 5444HY01.Агар хато накунам ҳамин буд, ё 4544YH01, просто камтар барои сурат гирифтан ҷои нито буд. Ин бева, мудири маориф дар як ҳафта якбор ё дар ду ҳафта як бор тафтиш меояд. Пеши дарвозаи мактаб охрана моеистад. Модароне, ки барои бурдани фарзандоҳояшон меоянд ё мактаб меоранд, маҷбур мекунанд, ки сатрҳояшонро   гиранд. Сину соли занҳо фарқ надорад. Ба ду гуши худам фаҳмидам ,ки он беваи мудири маориф  охраникро фармон медод, ки ягон нафарашро намон, на ба сатр на ба риш,то аз дарвозаи мактаб дароянд.

Сообщение «Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет»№67» появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет» №66
Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ»! Сипоси фаровон, ки ҳамкории шумо бо мо рӯзбарӯз меафзояд. Албатта, ки мо ҷузъи шумо ҳастем ва чун ҷузъи шумоем, дарди шумо дарди мо аст. Ҳар қадар, ки ҳамкории мову шумо тақвият ва таҳким меёбад ин режими зидди миллӣ ва зидди мардумӣ ошуфта мешавад, даступо гум мекунад. Чун мову шумо ҷиноёту гуноҳҳои инҳоро ошкоро бар рухашон мекашем ва водор менамоем, ки ба мушкилоти мардум расидагӣ кунанд.

Ба ҳамин хотир аз шумо хоҳиш мекунем, ки роҷеъ ба масоили хусусӣ барои мо нома ирсол накунед. Масъала ва мушкилотеро матраҳ ва ошкор кунед, ки ба мақомот чи дар марказ ва чи дар навоҳӣ марбут аст. Инки шумо бо ҳамсояатон мушкил доред ва ё масоили амсоли ин хусусиро нафиристед.

Хоҳиши дигар ин аст ки бо ҳуруфи калон нанависед. Инчунин дар варақ навишта ва акси онро ҳам нафиристед,ки хело заҳмати зиёде дорад навиштани он нома ва нашри он. Инчунин “скриншот” гоҳо акс мегиранд навиштаеро ва ба мо ирсол мекунанд,ки ин ҳам хело заҳмат дорад навиштани он бароямон. Мо қабл аз барномаи видеои кардан матлаб дар пойгоҳи “Ислоҳ.нет” нашр мешавад ва сипас навор мешавад. Ҳадди ақал ин ҳолатҳоро риоят кунед,то вақти зиёдеро дар бар нагиранд. Номаҳое муфассал ва пурра бошанд онҳоро омодаем алоҳида нашр намоем. Ва ҳоло нашри навбатии «Номаҳо….» пешкашатон мешавад

Ваҳдат

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Дар бораи Сайфиддин Камолзода, раиси Суди ноҳияи Ваҳдат як мақолаи хеле хуб чоп намудед. Мехоҳам дар бораи баъзе аз ҷиноятҳои ин раиси суд ба шумо маълумот диҳам. Як муовин дорад номаш Олим Раҳмонзода аст. Бачаи Олим Бахтовар шофёри Сайфиддин Камолзода аст. Солҳои пеш, пеш аз омадани Камолзода ба суди Ваҳдат акои ҳамин Олим Раҳмонзода раиси суди шаҳри мо буд.

Сайфиддин Камолзода Исмон дар Данғара саисхонаи калон дорад. Як қисм аспҳои Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистонро дар онҷо нигоҳубин мекунад.

Бинои суди Ваҳдат аз куҳнатарин биноҳои маъмурӣ дар Ваҳдат аст. Аммо дар ин бинои куҳна ваннаву туалет ва як утоқи хоби олӣ дуруст кардаанд. Ин ҷо ҷойи айшу майишати раиси суд аст. Сайфиддин Камолзода дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Вай ду одами мавриди боварӣ ва наздик дорад. Ва пулҳои пораро тавассути ҳамин ду нафар:- Олими муовинаш ва як судяи дигар бо номи Шоҳин мегирад. Хонаи Олим дар назди қасри фарҳанг аст. Пиёда кор меояду пиёда меравад. Хонааш дар назди 9этажкаҳо аст. Як котеҷи хушру дорад.

Дар суди Ваҳдат ду нафар бо номи Акмал кор мекунанд. Яке аз онҳо барои прававу алимент бештар кор мекунад. Се духтар аз шавҳарҳояшон ҷудо мешаванд. Барои алимент мераванд. Ставка мондагианд. Агар хоҳӣ алименти сад сомонӣ гирӣ 5000сомонӣ медиҳӣ, агар хоҳӣ алименти 180 сомонӣ 10 000 сомонӣ. Ягон кори ягон кас бепул ва бедоговор буд намешавад. Барои ҷудошавии оилаҳо ҳам ставка муқаррар карда шудааст. Аз духтарҳои безеб конкретно пул вале аз духтарҳои зебо бар замми пул боз ҳамхобагӣ талаб ва тамаъ карда мешавад. Ҳатман бо яке аз ин ҷудомешуда ва ё алиментмепурсидаҳо мегарданд.

Акмали ғафс инсони хуб, пулро мегирад корро буд мекунад. Фамилияаш Тиллоев аз Сари чашмаи Ваҳдат аст. Хусураш ҳамсояашон аст. Дар Краснодар. Шамс Имомов, шояд 50-сола бошад. Онҷо посредникӣ мекрад. Аз мардум беҳад қарздор аст. Аз тамоми зот қарздор аст. Документ мекунам гуфта садҳазору дусадҳазори одамҳоро гирифта кидат кардагӣ аст. Як хусурбачаи Акмал дар Файзобод муфаттиш буд. Ду сол суд шуд. Бо пора ба даст афтод. Соли пеш озод шуд. Худи Акмал соли таваллудаш 1989 аст ва дар кабинети панҷум мешинад.

Акмали хароб бизнеси мошин дорад. Дар Чиртаки Ваҳдат нуқтаи фуруши маводди сухт-автозаправка дорад. Вай дар шаҳри Душанбе ҳам кор мекунад. Инҳо ҳам доляро ҷамъ карда ба раис бурда медиҳанд. Сайфиддин Камолзода Прадои 1 дорад, ки мудом дар даруни ҳавлии суд аст.

Дар як рӯз бо се номер мегардад. Се ҷо равад се номер мезанад. Дар як Прадо се номер дорад. Рӯзҳои шанбеву бозор бо Ренҷровер мегардад. Открито ва нагло мегуяд бедоговор коратон буд намешавад. Агар хоҳед, ки коратонро буд кунам, договор бояд кунед. Мисли ҳофизе, ки туй меояд, договор мекунад.

Кришааш Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон аст. Хонааш дар Данғара мебошад.

Соли гузашта барои санҷиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз Душанбе рейд гузаронида шуд Раиси суди Ваҳдат бо ҳар баҳона ду ҳафа кор накард. Руирост гуфт, ки обрӯ як чизе ҳаст, ки зарра зарра ҷамъ мекунӣ, нашавад, ки онро аз даст бидиҳӣ. «Ҳоло наоед, назди ман. Ман худам мегуям, ки кай оед». Мақсадаш ин тафтиш тамом шавад баъд бизнесро сар мекунам бо договор бо кор афтодаҳо.

Дар давоми ҳамон ду ҳафтаи рейд, бовар кунед мо дар як Ваҳдати дигар зиндагӣ кардем.   Он шабурӯзҳо ҳатто духтур мерафтӣ пул намегирифтанд. Аммо ҳозир бирав ҳтман барои як анализ 80 сомониатро мегиранд. ГАИишникҳо манъ мекарданд, пул намегирифтанд. Ҳозир любойяш меқапад 20 сомониатро мегирад. 20 сомонӣ надодӣ моддаи 510 мезанандат. Яъне бе гирифтани литсензия одам мекашонӣ. Ҷарима аз 700 то 1200 сомонӣ.

Сайфиддин Камолзода аз соли 2015 ба ин су дар Ваҳдат раиси суд аст. Пули маҳшар кор кард. Шайтонро дарс медиҳад. Бо хандаву хуш омадиву хушгуӣ, мисли Ғарибшо аст. Ҳамчунон пулатро мегирад, ки хабар намешавӣ.

Вахш

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!  Ин маълумотро аз ноҳияи Вахш, аз деҳаи Пункут дар бораи Шокири заправчик мефиристам.

Ин бузи гарении амният чанде пеш дар «Минбари муҳоҷир» баромада гап зад. Тамоми рӯз ва як умр наша мекашад. Ҳама милисаҳо медонанд, ки вай як нашъаманд аст.

4 ё 5 сол пеш дар қишлоқи поёни Багара мурданак бангро мезанад. Вақти аз он тараф баргаштан, байни қишлоқи Пункут ва қишлоқи Багара қишлоқи Занҷир воқеъ аст. Дар ҳамон қишлоқ бо мошини Опели дути тез меояду мепарад ва ду дарахти тутро чапа карда дар даруни ҷубор чапа мешавад мошинаш. Охир, Қурбони бех барои буридани як тут 1000 сомонӣ ҷарима мекунад.

Аммо барои чи Шокирро ҷарима накард. Бачаҳо ба Шокир гуфтанд, ки дарахтҳои тутро зуд якнима кардан даркор, ки раис ҷарима мекунад, Шокир гуфт «ма зани раиста фалон кардам».Яъне зани Қурбони бехи раисро дашном кард. Ин чоплусҳо мегуянд, ки свет ҳаст.

Валлоҳ қасам дар Вахш свет фақат дар хонаи Қурбони бех ва дар коллеҷи ӯ ҳасту тамом. Аммо, бовар кунед, бародар Муҳаммадиқбол, ки ин коллеҷ як коллеҷе аст, ки дар он ҳаромиву фоҳишагӣ дар авҷи аъло аст. Бародар, агар ин номаро нашр намоед, боз хабару маълумотҳои зиёде дорам, ки бо камоли майл ба «Ислоҳ» мефиристам.

Рашт

Асcалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Умедворем сиҳатиатон хуб бошад. Аз Аллоҳ тансиҳатӣ ва умри дарози шуморо хоҳиш дорем.

Бароятон аз зулму  ҷиноятҳои раиси ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт, Қаландаров Маҳмадраҷаб Додович менависем. Қаландаров Маҳмадраҷаб аз рӯзе, ки аз ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода ба ҷамоати шаҳраки Навобод омад, гуё, ки азоби Аллоҳ ба болои мардуми шаҳраки Навобод омада бошад. Қаландаров Маҳмадраҷаб бисёр ба мардуми шаҳрак зулм мекунад. Бо ҳар гуна баҳона аз мардум пул мегирад. Мардум ҷои партофтани партов надорад. Партовҳои худро бо мошинҳои шахсии худ бурда ба лаби Сурхоб мепартоянд, аммо Қаландаров Муҳаммадраҷаб ҳармоҳ аз мардум пули партов талаб мекунад.

Мардум мегӯянд: «раис шаҳрак ягон ҷои партовпартоӣ ва мошини партовкашон  надорад, мо чаро пул диҳем?  Раис мегӯяд шумо табиат ва боду ҳаворо вайрон мекунед, бояд пул диҳед, пул намедодагита фалон мекнм фалони зано».

Шаҳрак об ҳам надорад, лулаҳои дар замони шуравӣ хобонида шуда ҳар замистон ях карда мекафанд, мардум бо ҳоли зор аз лаби дарёҳо об мебаранд, лулаҳо ҳам аз пули муҳоҷирон таъмир мешаванд. Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Қаландаров Муҳаммадраҷаб дар як моҳ 2 бор пул ҷаъмкунакҳояшро ба дари хонаҳои мардум мефиристад. Агар пули об надодӣ, светатро мебуранд. Ҳамин як ду ҳафта пеш ҳавзи сароби Навобод, ки дар деҳаи Санги кар ҷойгир аст ва аз он ҳавз бо трубаҳои шикаставу даридаи замони шуравӣ об ба пулдорҳои шаҳрак ҷорӣ мешавад, он ҳавз кафида вайрон шуд.

Қаландаров Муҳаммадраҷаб дарҳол аз тариқи гурӯҳи ташкил додааш бо ҳамроҳии Абдулҳанон Умаров дар Ватсап аз муҳоҷирони бадбахт ва бечораи мазлум, талаби ҷамъоварии пул кард. Пулро гирифтанд, вале обро халқи бечораи заҳмат каш таъмир кард. Ҳамин тариқ Қаландаров Муҳаммадраҷаб, бачаи Доди 20 гулака, ки ин оиларо дар шаҳрак бо ҳамин ном мешиносанд (Доди 20 гулака) 3 моҳи пеш дар ҳамон гурӯҳи ташкилдодаашон номи гуруҳ (Навободи ман ) дар Ватсап аз муҳоҷирони меҳнатӣ 20 ҳазор сомонӣ ҷамъ карданд, барои харидории мошини оташнишонӣ (пожар). Муҳоҷирон ин маблағро ҷамъоварӣ карданд, бар зиёд. Дар картаи Абдулҳанон Умаров мардумро бо ҳамин роҳ фиреб карда на мошини пожар хариданд на ягон чизи дигар. Пулро ба ҷайбҳои худ заданд.

Қаландаров Муҳаммадраҷаб бо амниятиҳо маслиҳат карда падару модарҳое, ки писаронашон ба синни хидмат расидаанд ба онҳо мефрушад ва амниятиҳои золим ба падару модарон зулм мекунанд. Аллоҳ хорашон кунад. Падару модароне, ки писарони сини сарбозиашон дар Русия аст, ҳарруз онҳоро ба амният фарёд карда мегуянд, ки писаронатонро биёред. Падару модаронро лату куб ҳам мекунанд,  ё писаратро аз Русия оварда ба хизмат равон мекунӣ ё 15 ҳазор сомонӣ медиҳӣ, шарт мегузоранд мегуянд амниятиҳо.

Қаландаров Муҳаммадраҷаб бошад ба падару модарон мегӯяд ё 10 ҳазор сомони медиҳед, ё коратон ба амният мезанад, ба амният, ки зад онҷо фалонатон мекунанд. Хубаш ба ман 10 ҳазор сомонӣ диҳед, ҷонатон халос, боз то призиви дигар.

Писари Қаландаров Муҳаммадраҷаб дар суди ноҳия кор мекунад. Кори ӯ ҳам пора гирифтан ва зулм ба мардуми мазлум аст. Қаландаров Муҳаммадраҷаб   ҷамоат медарояд, ҳатто салом намекунад бо ҳеҷ кас.

Дар номаи дигар насиб бошад ҷиноятҳои Қаландаров Муҳаммадраҷабро дар замони дар амният коркарданаш менависем. Дар бораи зулму ҷиноятҳои додараш  Қаландаров Сорбон, ки дар милитсия шаҳраки Навобод кор кард, ҳам менависем.

Фархор

Ман аз ҷамоати деҳоти Ғайрати Фархор ҳастам. Инҷо як нафаре ҳаст бо ному насаби онро Сайбурҳон Ибодов, ки бо мардум зулм мекунад. Вай ягон ҷо кор намекунад. Аммо писари калониаш дар Идораи андоз кор мекунад. Аз халқ андози замин мегирад. Аммо ду моҳ аз байн мегузарад аз налоги Фархор меоянду мегуянд, ки шумо андози заминро супоридагӣ нестед. Ман шахсан пурсупос кардам, маълум шуд, ки ин ноинсофи фиребгар пули андози замини мардумро насупоридаст.

Ин беинсоф боз  бо коргарони военкомат-комиссариати ҳарбии ноҳия кор мекунад

Бачаҳои сини даъватиро ба онҳо мефурушад. Аммо писари худашро хизмат намефиристад. Боз як рӯз ба мардум гуфт,ки пул ҷамъоварӣ кунем, ман бароятон дар ду моҳ об бароварда медиҳам.

Лекин 3 сол мешавад он обро набаровардааст. Бадбахт, он сумро гирифта ба писари саввумиаш як мошини пеши пешро харида дод. Писари дуввумиаш дар фурудгоҳ кор мекард. Мегуфтанд, ки лётчик аст. Ҳатто нишастгоҳ-сиденияи самолётро дуздида овардааст. Чаро мақомот онро аҳамият намедиҳад.

Вақте аз «помош» ягон чиз биояд ба кудакҳои худаш тақсим мекунад. Мебинад агар ягон одами ҷангҷолӣ бошад, каме аз он помош медиҳанду хап медоронад..Ин Сайбурҳон касбаш зоотехник-духтури ҳайвонот аст, аммо дар ҳар кори деҳа нахуди пеши қошуқ мешавад.

Чоркуҳ

Ассалому алейкум домулло Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман мехоҳам дар бораи амниятиҳо, ки имрузҳо аз “Ислоҳ” сахт тарсида истодаанд ва аз имоми масҷиди ҷомеаи хоҷа устоди Валӣ (пеш бо номи масҷиди қорӣ Ҳодӣ мегуфтанд) ва имомхатиби ноҳия домулло Насрулло аз деҳаи Сурх бигуям. Амниятиҳо имрӯзҳо ба тамоми хонаҳои Чоркуҳ ва Сароб ( Найман) даромада кофтукоб доранд, ки касе бо «Ислоҳ» ҳамкорӣ карда истода бошад ёбанду баранду тюрма кунанд.

Аммо алҳамдулиллоҳ, ки ба ин мақсадашон нарасида истодаанд. Масҷидҳоро маҳкам мекунанду пул талаб мекунанд. Халқ пулро ҷамъ мекунаду медиҳад барои масҷидро кушодан. Пулро мегиранду мекушоянд вале боз кадом вақте пул форидашон масҷидро маҳкам мекунанд. Масҷидкушоӣ барояшон як даромад шудааст. Ё зани сатрдор  ё марди ришдорро меқапанду пул мегиранду ҷавоб медиҳанд.

Начальник паспортный стол-сардори мизи шиносномадиҳии Чоркуҳ Нурулло буд. Барои паспорти тағои духтарамро гирифтан рафтам. Гуфт, ки паспорт ҳоло омода нест, пас аз як моҳ биё ва боз гуфт 200 сомонӣ деҳ баъд аз 5 рӯз мегирӣ. Вақте ман сумро додам ғаладони мизашро кушоду паспортро дод. Ман гуфтам чаро паспорт тайёр будасту надодӣ? Ман тамоми маблағашро супорида будам, ту боз пул гирифтӣ? Гуфт паспортро гирифтӣ, дар дастат аст, бзан брав, риш дорӣ боз проблемат накунам. Инҳо то ин дараҷа ҳаромхуранд .

Имоми масҷиди қорӣ Ҳодӣ Рақиб аст. Ба Худо қасам амри маъруф намекунад, ягон бор паёмбар (с.а.в) –ро пешвоямон намегуяд. Аммо Эмомтапакро пешвоямон гуфта обу адо мешавад. Ба ҷои амри маъруф факат пешво мегуяд.

Маблағе, ки барои ободонии масҷид ҷамъ мешавад бо сардори милисаи Чоркуҳ тақсим мекунаду мегирад. Ин мунофиқ аст, мулло нест. Наход дар минбари паёмбар ягон бор паёмбарро пешво нагуиву ин Эмомтапакро пешво гӯӣ. Мо безор ҳастем аз чунин пешво. Мо ягона пешво дорем, ки ӯ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам аст. Хулоса бузи амният, ҳаромхур ва беимони лаънатӣ аст ин Рақиб. Насрулло имом хатиби ноҳия ҳам як динфуруш аст. Вақте ки сатру ришу то 18 сола масҷид рафтан манъ шуду масҷидҳоро бастанд Насрулло дастгирӣ кард ҳукуматро. Дар назди хонааш гектарҳо замин дорад. Боғи шафтолуву себу зардолуву гандуму хулоса ҳама чизро дорад. Ба инҳо иҷозат аст аммо як одами одӣ замин дошта бошад налогу пули обу ҳама ба хонааш меоянду аз биниаш мебароранд. Хитоб ба Насруллои имонбохта! Чаро сатру ришу масҷидхоро маҳкам карданд, баромади дар минбар ояту ҳадисҳоро нагуфтӣ, аммо барои аскарӣ ояту ҳадис мегуӣ. Медонӣ, ки Худо дар Қуръон сатрро фарз кард. Аммо ин ҳукуматдори зиддиисломӣ манъ кард. Чаро ояти Қуръонро нагуфтӣ, чаро масҷидҳоро маҳкам кард ба ҳукумат нагуфтӣ, ки накунед ин корҳоро. Ту чи хел мусулмон ҳастӣ, ки бо Худо имруз ҷанг дорӣ? Бовар кунед имоми ноҳия тамоми пули масҷидхоро медуздаду мехурад. Ягон бачааш кор намекунад, худаш ҳам кор намекунад, ин имонбохта аст.

Ман ба ин муллоҳо хайронам, ки чаро медонанд сатр фарзу риш суннату масҷид хонаи Худо аст аммо ҳамаи инҳоро ҳукумат аз дасти мардум гирифта истодааст. Боз ин мулолоҳо  дастгирӣ мекунанд. Иншоаллоҳ эй Рақиб, эй Насурлло шумо,ки имруз фармони Худоро итоат накардеду бо фармони Эмомтапак кор карда истодаед, рузи қиёмат шумо бо Саидмукаррами калонатон ва Эмомтапак ба тактарин оташи ҷаҳаннам меравед. Азоби илоҳӣ ба шумо дигар намуд омода аст.

Пешвоятон аз шумо безор аст. Рузи қиёмат пешвоятон аз гардани шумоҳо барин муллоҳо мегирад ва мегуяд,ки инҳо ба ман фатво доданд. Барои ҳамин ба гуфти пешвоятон кор накунед. Медонед, ки пешвоятон як кӣ аст. Саидмукаррам,  Насрулло ва Рақиб бо азоби илоҳӣ бозӣ накунед. Бо пешвоятон ба оташи ҷаҳаннам меравед.

Он руз пушаймонӣ суд надорад. Амниятиҳову дохилаву оилаи пешво шуморо аз азоби илоҳӣ наҷот дода наметавонанд.

Ҳамин домулло Насруллое, ки гуфтам падари ӯро дар руи замини  ҳавлиаш гуронда буданд. Ончики ман фаҳмидаам, аммо садарсад намедонам, ки дуруст аст ё не, ки чаро дар манзилаш дафн кардаанд.

Яке гуфт чор ҷойро канданд, сангҳои калон баромад, дигар қабр кандан имкон надошт. Барои ҳамин дар замини хонааш гурониданд. Ба худо қасам дар хонаи зиндагӣ мекардагии Насрулло қабри падараш ҳаст. Шояд ба монанди Насрулло падараш ҳам динфуруш буду қабр ин шахсро роҳ надод?

Қумсангир

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Пас аз барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо№ 52» дар чорум посёлкаи ноҳияи Қумсангир рейдҳо оиди «Ислоҳ» рафта истодааст. Таҳдид хеле зиёд шудааст. Муллоҳоро ҳар рузи ҷумъа проверка доранд. Мегуянд кадоме аз инҷо ба Ислоҳ хабар медиҳад. Ман баъди барномаи № 52 хеле хушҳол шудам.
Ин ҳаромиҳо аз «Ислоҳ» чунон метарсанд, ки то бас гуфтан. Ман худам дидам, ки чи тавр марди аз 45 сола болоро ришашро дар байни мардум тарошиданд. Ин мардуми Қумсангир ба мисли мурғ ҳастанд ва ба ҳар коре занҳояшонро  равон мекунанд. Дар мактабҳо чунон фоҳиша бисёр шудааст, ки аз синфи панҷ то ёздаҳ ҳаром шуданд. Дигар духтари худотарс дар Қумсангир намондааст.

Ҳисор

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Мо як гуруҳ бачаҳо аз ноҳияи Ҳисор, ҷамоати Дурбат, деҳаи Андре ба шумо менависем. Раиси маҳалла дар масъалаи «облава» беҳад ҷабр карда истодааст.

Сари ҳар як даъватшаванда, ки дар Русияанд 1500 сомонӣ гирифта истодааст.

Ду касро14000 сомонӣ штраф кард. Як каси дигарро 1400 доллар. Ба нафари дигар повестка омад. Билет гирифт рафт, ӯро 4000 сомонӣ ҷарима карданд. Раиси маҳалла, ки Муминов Мирзо ном дорад ин корро кард.

Бачаҳои муҳоҷир пул ҷамъ кардем ва масиҷдро крошка задем. Барои иҷозат 5000 сомонӣ гирифтанд. Ба худо ҳарруз хона занг мезанӣ, свет нест мегуянд.

Муминов Мирзо, раиси маҳалла ҳар сол барои мусор (партов) 50 сомонӣ сари ҳар хона ҷамъ мекунад. 2000 ё максимум 3000 –ро расход мекунад. Боқии пул нест, дар ҷайбаш мезанад. Ҳеҷ кас гап намезанад. Аз ҳоло таҳдид карда истодааст, ки барои даъвати оянда кадоме бачааш дар Русия аст 14000 сомонӣ ҷарима мекунем.

Дар хонаат бетон мерезӣ, дарахтатро мебурӣ, бояд раисро пурсӣ. Касали дил дорад. Пулро ҷамъ меунад ба духтур месупорад. Як ҳамсоя соли 2019 дар хонааш бетон рехт. Гуфтанд, ки бетонро дар роҳ рехтааст. 20 ҳазор сомонӣ штраф карданд. Бахудо қасам Маскав омаду дар стройка кор карду оварду пули штрафашро супорид. Ана ҳамин вазъу ҳоли бади мо.

Восеъ

Салому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ташаккур, ки шумо дарди дили мардуми бечораро мешунаведу нашр мекунеду мегуед. Дар бораи як масъалаи ҷиддӣ мегуям. Ҳоло

пахтаро дар вилояти Хатлон Фароз-ширкати домоди Эмомалӣ Раҳмонов гирифт. Пахтаи чидаатро мебариву мерезӣ дар хирмани заводҳо, аммо нархашро намегуянд, кай нарх маълум шуд баъд пулашро медодаанд. ..

Дар Восеъ Қурбон Мирзоалиев бивший раиси ноҳия хост пахтаи мардумро бихарад. Аммо одамоне, ки барои Мирзоалиев пахтаро мебаранд ҳам худашон ва ҳам пахтаашонро қапида пахтаҳояшонро кашида мегиранд. Мегуянд, ки ҳама бидуни гапу ҳарфи зиёдатӣ пахтаҳоро мебаранд, културно дар ҷои марҳум Самариддин Фазлиддинов месупоранд. Нарх, ки маълум шуд баъд мо сумашро медиҳем.Дигар мардум намедонанд, ки чи кор кунанд. Мегуянд, ки ҳатто пахтаҳои соли поринаамон дар хона аст. Ягон ҷо набурдем

Ҳолу рӯз аз ин бад мешавад? Камбағал бо ҳазору як азобу машаққат пахтаро парвариду ба ҳосил оварду чинду акнун, ки бояд ҳосили ранҷашро ба даст оварад, инҳо омаданду соҳибӣ карда истодаанд.

Фароз фурухтанӣ намемонад.

Бародар Муҳаммадиқбол! Он нафаре, ки маҳкамаш карданд, он шоир (манзураш Абдухалил Холиқзода,раиси бемористони байналмилалии Сино) бизнесаш пахта буд. Ба фикрам, ки уже бизнеси ҳаминро ҳам гирифт Фароз. Барои онки раиси бемористони Сино аз ҳамонҷо пахта мезад ба дигар давлатҳо. Акнун Фароз пахтаи ҳамонро ҳам гирифт.

Ягон камбағал наметавонад ягон ҷо бурда бисупорад. Барои онки Фароз нархро маълум мекунад. Ҳоло пахтаҳоямонро маҷбурӣ бурда ба ҷойи гирифтаи Фароз рехта истодаем. Намедонем, ки оқибаташ чи мешавад?

Нижнекамск

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол!

Мо наздики 350 нафар муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистону Узбекистон дар шаҳри Нижнекамски Русия дар фирмаи «СФЕРАСТРОЙ» кор мекунем. Дар ин фирма як тоҷик номаш Назаров Ҳалим Абдукаримович аст ки кораш посредник аст. Ин ноинсофи баднафс аз Узбекистон ва Тоҷикистон бар ивази пули нақд одамҳоро инҷо кор дуруст мекунад

Аз сокинони Узбекистон 150 доллар нақд мегирад барои билет аз фирма пул мегирад вале билетро худи одамҳо мехаранд. Аз сокиони Тоҷикистон

10 000 рубл мегирад. Аз баъзеи онҳо наличий мегирад аммо баъзеи онҳо кор карда аз маошашон  медиҳанд. Вақте кор медароӣ мегуяд, маош бо як моҳи таъхир-задержка дода мешавад. Аммо баъд аз онки ба кор сар кардиву як моҳ гузашт, таъхир дар пардохти маош се моҳ ва аз ин ҳам зиёд мешавад.

Баъд маошро ду-се  қисм карда бо ҷангу ҷангҷол медиҳад. Ҳар моҳ барои гирифтани маош 4-5 руз «забастовка» мешавад. Бори охирон рӯзҳои 15-16 сентябр барои гирифтани маоши моҳи июл мардум митинг карданд. Аммо ин Ҳалими  беномуси тоҷикфуруш  ҳаррӯздар группа менависад, ки кадоме кор намебрарояд «миёем ай опшижит бе сум срш мекнем».Боз дуто чечен ҳамроҳаш ҳастанд. Мисли худаш барои пул шуда агар лозим шавад фалони директорро мехуранд. Худи Ҳалим аз 350 ҳазор боло маош мегирад. Аз ҳар одаме, ки кор меорад 10.000, аз узбекҳо 150 доллар ё 200 доллар.

Баъзе аз сокинони Узбекистон ними пули моҳи май, июн, июл, август ва сентябрашонро нагирифтаанд. Қисса кутоҳ, рузҳои 15 -16 сентябр мардум кор набаромаданд.

Ин Ҳалими бадбахт бо чеченҳояш ҳаррӯз омада мегуянд, ки ё кор бароед ё сумкаҳоятонро ҷамъ ва обжежитияро холӣ кунед. 15 нафарро маоши август ва сентябрашонро надода сурашон кард. Документҳои мардумро мегиранд, намедиҳанд, паспортро аз ӯ бо ҷанг мегирӣ. Мардум митинг карданд, аз МВД омаданд ва 320 нафарро бор карда бурданд. Дар МВД ҳама заявление навишт. Аммо ягон фоида накард. Узбекҳо якхелашон бечораҳо июл, август, сентябр сумашонро нагирифта дод гуфта автобус заказ карданд. Бепул рафта истодаанд Узбакистон. Ҳалим мегуяд, агар бас кунед, 400 одам ждат дорад, боз одами нав меорам. Ин гов хурсанд мешавад, ягон касро аз кор сур кунад. Чунки боз дар ҷояш сари одам 10 ҳазор рублӣ мегирад.

Инҷо як нафар ҳаст Исмат. Ҳама исмати бузаш мегуянд. Ин Исмат тоҷик аст ва сваршик мебошад. Аз моҳи июл сваркара якбор қапидааст. Кораш фақат мардумро бузӣ кардан аст. Зудтар обед мебарояд. Сурат гирифта дар группа мепартояд. 320 кас забастовка карда буд. Ягон 50 нафар кор баромад дигарҳо бас карда рафтанд. Ҳамааш аз пушти ҳамин Ҳалим аст.

Рузи 27 сентябр бегоҳӣ Ҳалим бо директор омаданду гуфтанд «кор бароед, 10 руз кор кунед, пули августатонро медиҳем. Аз ин пас  кадоме бунтоват мекнад амонсҳо кати миёем депортон мекнем». Хулоса, аз ҳар як монтажник 200 000 рубл боло пули маош боло мондагӣ аст. Сварщикҳо аз 300 ҳазор боло, баъзеашон 250 рубли худро нагирифтаанд. 280 нафар ҳаминқадарӣ пулҳояшонро нагирифта рафтанд ватан.

Ин Ҳалим ҷои зисташ Қурғонтеппа аст. Вай дар ватсап номашро Алӣ навиштааст. Илтимос, ин номаро нашр кунед. Ҳоло бовар кунед 300 нафар сарсону саргардонанд. Баъзеаш гиря мекунанд.

Ҳамин руз як бачаи узбекистонӣ гуфт “мо чанд нафар 300 долларӣ гову гусола фурухтем ва 4000 доллар нақд оварда ба дасти Ҳалим додему кор баромадем ва ҳоло бе ягон тин,ду даст дар бинӣ бо автобус хона рафта истодаем”.

Панҷакент

Ассалому  алейкум ман аз Панҷакент. Бародар ин номаро навиштам то дар барномаи «Номаҳо….» бихонед. Чун ин ягона роҳест бар алайҳи режиме, ки руз аз руз ба ин мардум зиндагиашонро душвор карда истодааст. Мақсади ин режим ҳамин аст ки болои мардум зулмро зиёд кунад ва ин мардум ҳам гурезанду аз ватан раванд ва ин оилаи гушназада реша давонад.

Вазъияти мардум бад аст. Аммо кормандони ҳукуматро мебинӣ парво надоранд. Дар фикрашон танҳо як чиз аст. Чихел кунанду аз мардум пул кананд. Ягон зарра раҳм надооранд ба мардум. Ҳатто кор ба дараҷае безеб шудааст, ки ин коргарони ҳукумати Панҷекат ба мардум не, ба хешу таборони худ тараҳҳум намекунанд. Ягон корро бо пул буд намекунанд. Кори бепулро бопул буд мекунанд. Барои инҳо вазифаву мансаб прилавка-растаи мағоза шудааст. Фикр мекунӣ, ки инҳо фарзанди одам нестанд. Ин раисону коргароне, ки мардумро ба ҳар роҳ фақат пулашонро мекананду дигар ягон фоидае намебиёранд, афсус, ки инҳоям бобою бибиҳояшон одамони одӣ буданд. Ба инҳо чи шуд?

Чашм кушоед, азоби халқро бинед!

Проблемаи сахти Панҷакент барои мардуми одӣ ин порагирии руирост дар бемористон ва дармонгоҳҳо аст. Агар пул дошта бошед, нигоҳатон мекунанд, агар надошта бошед, муред ҳам ба тарафатон назар намекунанд. Бемор мешаведу дар қарз меғутед. Аз беморхона бо даҳ касалии дигар берун мешавед. Чунки ин қарзҳо ҳатман сакатаи дил ё сактаи мағзи сар мекунад.

Духтурҳову парасторҳо як намуд суҳбат мекунанд, ки дар поликлиникаи шаҳр как будто вай инсон не, саг бошад. Аз осмон гап мезаннад, худашон шоҳ табъашон   вазир. Бе пул назначени нест.

Дуюмҷои фасодзадатарин ин ЗАГС аст. Кормандони ЗАГС бепул бо шумо салом намекунанд. Шумо мебареду пули гуфтаашонро, боҷи давлатиро  дар бонк месупоред. Руирост мегуянд, ки он пули ту пули давлат буд, аммо ҳақи моро ҳам медиҳӣ.

Хулласи гап, дар Панҷакент дар кадом корхонаи давлатӣ, ки надароӣ бе пул ягон кор пеш намеравад: нотариус, паспортный стол, судхона ва….

Охирин ҳуқуқи мо гап задан аст. Ақалан аз ҳамин ҳуқуқамон истифода кунем. Агар бо ин порхурҳо гапамон нагузашт, хотяби ба Ислоҳ навишта фиристонем. То ки мардум бедор шаванд.

Ба ҷуз аз «Ислоҳ» дигар ягон ҷое, нест,ки гапи ману шуморо мардум бифаҳманд   Магар душвор аст навиштан? Нависед, ки «нарх»-и ҳар як «услуга»-и коргарони давлатиро дар дари кабинеташ мардум донад, ки онҳо ба ғайр аз боҷи давлатӣ боз «нарх» доранд.

Мо бояд ба ҳадде бинависем, ки фарзандҳои ин порахурҳо бидонанд, ки падари порахур, бародари порахур доранд ва ин порахурҳо порагиро бас кунанд. Ҳозир ҳамин гуна шароитро «Ислоҳ» барои мо ва шумо додааст. Бо «Ислоҳ» бошед ва ватанро озоду обод кунед!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет» №66            появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №42
Тарсу ваҳшате, ки Ислоҳ дар ин авохир дар мағзу қалби мақомоти қудратии Тоҷикистон эҷод кардааст, онҳоро то ба сарҳади расвоӣ пеш бурдааст. Шумо дар ин нашри «Номаҳо аз ноҳияҳо» ба ин гуфтаи мо, ки бар пояи навиштаи худи мардум таҳия шудааст, эътимод ҳосил мекунед. Дар яке аз масҷидҳои ҷумъахонии Исфара  қаҳрамон ё чуноне худи чоркуҳиҳо навиштаанд, тема-мавъизаи имомхатиб ман ва устод Муҳиддин Кабирӣ будаем. Ҳамчунин дар ноҳияи Восеъ деҳаҳоҳои як ҷамоатро зери озору фишор қарор дода хона бахонаи онҳоро кофтукоб доранд, ки кадоме аз онҳо бо “Ислоҳ” суҳбат мекардааст ва ҳатто баъди соати 10 дар баъзе аз қишлоқҳои ин ноҳия “комендантский час” -қуюди шабгардӣ ҷорӣ кардаанд.

Тамоми телефонҳои муаллимони як матбаи миёнаро дар шаҳри Бохтар кашида гирифтаанд, то бубинанд, ки нафари бо “Ислоҳ” робита дошта кӣ аст?

Албатта, хонандаи закӣ пай бурд, ки иллати ин ҳама тарсу ваҳшат таҳкиму тарвиҷи алоқа ва робита миёни мо ва мардум аст. Инки мардум беш аз пеш ба мо муроҷиат мекунанд  рашку ҳасодати Раҳмонову дору дастаашро бармеангезад. Барои ҳамин, мо ҳарчи бо ҳам наздиктар ва қаринтар бишавем, аз ҷиноятҳои инҳо бигӯем, роҳи чораи халосӣ аз инҳоро бо ҳам дар миён бигзорем, ин шо Аллоҳ, муваффақ хоҳем шуд:

Дӯстӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин, умедворам сиҳату саломат ҳастед. Ман сокини ҷамоати Навзамини ноҳияи Дӯстӣ ҳастам. Ман аз норасоии об,  раиси ҷамоат ва раиси ноҳия шикоят дорам.

Раиси ноҳияи мо Нишонзода Даврон мебошад. Нишонзода Даврон аз гапзанияш одами бо савод метобад. Таълимоти хуби динӣ дорад, аммо амал намекунад. Пешина раисони ин ноҳия через як одам қабул мекарданд. Ин рӯи рост ва бидуни посредник қабул мекунад.
Раиси ҷамоати Навзамин Аминов Сӯҳроб аст.

Аминов Сӯҳроб чандин сол аст ки раиси ҷамоат мебошад. Дар ҷамоат ҳар сол 3-4 замини назди ҳавлигиро обу лой мекунад. Корҳояш хеле қафо рафта буд, ки Президент ба ноҳия омад. Аз фурсат истифода бурда падари Сӯҳроб дар шаъни Президент шеър хонд. Президент ҳиммат карда як конверт дод. Намедонам дар дохили конверт чӣ буд. Донистагиҳо мегӯянд, ки 1 пачка 200сомона буд. Аммо ман аниқ намедонум. Баъди ҳамин шеърхонии падари Сӯҳроб ба президент, корҳои Сӯҳроб боз хуб шуд. Падари Сӯҳроб Ҷурабой Аминов аст. Худо раҳмат кунад, одами оқил, нотиқ, шеърдон ва шоиртабиат буд.
Дар ҷамоати мо, ки қариб 8 ҳазор аҳолӣ дорад, 3 мактаб фаъолият мекунад.  Мактабҳои рақами 32, 33 ва 38. Директори мактаби 33 Зокиров Рустам қариб 20 сол мешавад дар ин вазифа кор мекунад.

Дар байн 5-6моҳ директориро барои хок пошидан ба чашми мардуму қонун ба як байчаи худаш дода, боз аз нав директор мешавад. Муаллиму муаллимаҳоро рӯи рост аз оча ҳақорат мекунад. «Бухоҳӣ кор кун нахоҳӣ бура» мегуфтааст. Орде, ки барои мактаб меояд, ба магазини Сироҷиддин Камолов фароварда обу лой мекунад. Дар мактабҳо норасоии мизу курсӣ вуҷуд дорад.

Об ба ҷамоати Навзамин аз канали калони обрасонӣ, ки сарбандаш дар охири ноҳияи Хуросон аст, меояд. Канали калонро дарёи Вахш шуст. То моҳи апрел об набуд. Бисёри деҳқониҳо бино бар сабаби норасоии об ҳосили кам дод.
Дар тарафи шарқии дарё деҳаи Комсомоли ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ ҷойгир аст. Дар он тараф шебензаводҳо ҳаст. Намедонам ин шебензавод аз кӣ аст. Дар сангҳои дарё тиллову нуқра бисёр аст, калон- калон дар рӯи санг метобад. Барои сангро аз дарё гирифтан маҷрои дарёро ба тарафи канали ҷамоати Навзамин равона кардагӣ буд. Охир оқибат каналро дарё шуст. 3- 4 сол шуд. Об гоҳ ҳаст, гоҳ нест. Боз як шебензавод дар ҳамон тарафи шарқии дарё ҳаст. Вай ҳам маҷрои обро ба тарафи ҷамоати мо равон кардагӣ аст. Дар натиҷаи ин қариб 15- 20 гектар заминро шуста рафт. Ҳамаи раисоне, ки ба ноҳия таъин мешаванд, меоянду мегӯянд: ҳал мекунем. Намедонам кай ҳал мешавад. Дарё 20 гектор заминро хӯрду ин шрекҳо кай маҷрои оби дарёро мегирифта бошанд?

Раиси Идораи таъмини оби Ҷамоати Навзамин Шукуров Зафар мебошад. Бо лақаби Зафари кал. Бародарзодаи генерал Тағойхон Шукуров аст. Дар вақти ҷанг Хоҷакамандир хеле барои куштанаш ҳаракат кардааст, аммо натавонистааст. Бо Сӯҳроб Аминов чап аст. Ҷамоати Навзамин аз ду деҳа Пахтакор ва Умед иборат аст.  Деҳаи Умед бо насоси калон обрасонӣ мешавад. Насоси калони обрасониро Зафари кал ба кор дарорад Сӯҳроб омада мекушад.  Сӯҳроб насосро ба кор дарорад, Зафари кал мекушад. Хуллас деҳаи Умед хуб  обрасонӣ намешавад ва ҳолати мардум ҳамин аст.
Раиси ҷамоат Аминов Сӯҳроб чанд бор муаллимҳои мактабҳоро бурда, дар асри 21, асри техника ва технология ба қопчаҳо хок пур карда ранги Лаку Пак байни канали об ва дарёро маҳкам карду боз дарё онро шуста бурд. Аз халқи ҷамоат сум барои сарбанд гуфта ҷамъ кард. Намедонем он сумҳо куҷо рафт. Чанд бор маҳкам мекунад боз шуста меравад. На МЧС, на дигар мақомоти дахлдор аҳамият медиҳанд. Раиси ноҳия чанд бор омад, аз дасташ ягон чиз наомад. Маҷлис карда ба мардум гуфт, ки 5- 6 пиронсол рафта аз раисони шебензавод илтимос кунед, ки пеши маҷрои обро кушоянд.
Як сокини ҳамин ҷамоат, ки хоҷагии деҳқонӣ дорад, аз ҷояш хесту ба раиси ноҳия гуфт, вақте шумо раиси як ноҳия, ки шуморо президент ба ин мақом мондааст, аз дастатон чизеҳам наомад, ба гапи мо гӯш мекунад?
Бечора раиси ноҳия а, и, у гуфта маҷлисро ҷамъбаст карду рафт. Маълум аст,ки зураш ба соҳиби шебензавод намерасад ва аниқ аз кадом хусурбача ва ё ба гуфти шумо домодҳои бе шумори пешво будагист. Аз ҳамон дигар ба ин ҷамоат наомадааст.
Айни ҳол оби дарёи Вахш лабрез аст, об ба ҷамоати Навзамин баромада истодааст. Баъди 15-20 август оби дарё боз паст мешавад. Аниқ ба ҷамоат об намеравад. Барои он ки канали оби ҷамоат аз дарё 2-2,5 метр баланд аст.
Сӯҳроб Аминов дар ҷамоат заминфурӯшӣ мекунад. Агар кораш афтад кудаки майдаро бо ному насабу отчествааш мегуяд. Агар корат афтад қавоқошро ранге мекунад, ки падарашро кушта бошӣ. Маблағе, ки барои камбизоатҳо ҷудо мешавад ба мардум намедиҳад. Шахсоне, ки муҳтоҷи замин аст, овораву саргардон мекунад вале доляшро диҳӣ корат ҳал. Як вақтҳо худаш ҳам директори мактаби 32 буд. Ҳозир бачааш дар ҳамин мактаб синфи 11-ро хатм кард. Роҳбари синфи бачааш гуфааст, ки бачат бе тартиб асту намехонад. Ба муаллим гуфтааст, ки шумо худатон дарс намедиҳед. Қонуни масъулияти падарону модар куҷо рафт?
Бечора  муаллим ба зӯр ба нафақа баромаду дигар кор накард. Муаллими фанни физика буд. Ба ҷои ин муаллим як бачаи ҷавон 29-30сола омад. Ба шунидани ман, ин бача ба савод буд. Ӯзбек аст, ӯзбаки тоза ҳам нест. Хуни тоҷикӣ ҳам дорад. Ин бача ҳам 3-4 моҳ кор карду намедонум бо кӣ соз нагирифт, мактабро партофта ба Россия рафт. Аслан халқи ин ҷамоат тоҷикҳо ва узбакҳо аст. Вақте ки як раиси ҷамоат ҳамин хел ба муаллими калонсол дағалона рафтор мекунад, кадом муаллими ҷавон кор мекунад? Баъд норасоии кадр ба вуҷуд намеояд?

Душанбе

Бародари азиз салом.

Саҳар хабар расониданд, ки вазъи Бузургмеҳр Ёровро дар зиндон бисёр ҳам бад карда истодаанд. Як нафар аз «дубак»-ҳои шинос гуфт, ки чанд рӯзи пеш ончунон зери мушту лагат гирифтаанд, ки садои доду фарёдашро дигарҳо ҳам шунидаанд.  Фармон сад дар сад аз Юсуф Раҳмон аст. Гуфтааст бо «и к….оча Прокурори Генералӣ шидани бдаст».

Гап сари барномаи «Госпереворот», ки дар он ҷо ба Бузургмеҳр вазифаи Прокурори Генералӣ пешбинӣ буд. Очахакои ин золимоя…… Ие ай кавми Лутда расвоҳан. Ахир бачара мекшан. Бузургмеҳр дар доираи нақшаҳои инҳо, ки бояд зидди Наҳзат нишондод диҳад, нагирифтааст.

Бояд Бузургмеҳр бар зидди Наҳзат нишондод медод. Се рӯз муҳлаташ додаанд, ки вақте ба гуфтаи мо намекунӣ ё додаратро бо хоҳарат меравему меоварем ва дар пеши чашмонат азоб дода съемка карда ба Кабирӣ роҳӣ мекунем.

Боз як чизи дигарро расониданиям. Президент гуфтааст, ки барои чи хоинон маълумот оиди ғайб задани муовини Ҳасани Ориёнбонкро пайдо карда ва кино карда ба мардум пешниҳод мекунанд? Аз куҷо он маълумотро дастрас мекунанд? Прокурори Генералӣ бинобар он ки тафтишотро ӯ пеш мебарад, гуфтааст, ки тамоми маълумотҳояшон дуруғу бофта, мақсади Кабирӣ ва  Муҳаммадиқбол танҳо просмотрҳои зиёду лайкҳост, ки дар ивазаш маблағҳо мегиранд аз Ютубу интернет.

Боз як чизи дигар. Ба воситаи Аюби оқипадари блогер маълумотҳои дуруғ паҳн карда истодаанд, ки чандин нафарро мақомот дастгир кардааст, ки гуё ба картаи Ислоҳ пул гузарондаанд. Ин як дуруғи бузург аст ки мардум тарсанду накунанд.

Устод, ҳозир инҳо дар фикри он ҳастанд, ки чи гуна сафари Аврупояшон барои боздошту истирдоди шумо бобарор анҷом ёбад. Тамоми мақомот ва дастгоҳ дар бораи ҳамин фикр карда нақша кашида истодаанд.

Восеъ

Ассалому алейкум бародар Мухаммадиқбол! Аз ҷамоати Миралии Маҳмадалӣ бароятон менависам. Баъд аз нашри барномаҳо дар бораи Ҳерка, Рустам ва Саймукаррам мардуми қишлоқро безор кардаанд. Илтимос ин номаҳои моро бо мақомоти болоӣ  расонед, чунки ин милисаҳо моро ба дод оварданд. Ба мисли роҳзанҳо ба хонаҳо зада даромада як то ба як то кофта истодаанд. Баъди соати 10 шаб карантин эълон кардаанд. Началники милиса майор Иброҳимзода Амонулло, намедонам ин гушнаи хунхор  аз куҷо омадаст. Мисли бандитҳо, баъди соати 10 ҳар касеро бинад бурда мешикананд.

Намедонем чи кор кунем, ба куҷо равем. Ҳамаи  бачаҳои деҳаро бурда пурсида истодаанд, ки бо “Ислоҳ” ҳамкорӣ дорӣ, тамошо мекунӣ ва аз як лаб ҳамаро тарс дода истодаанд. Ман ба онҳо гуфтаниям, ки бисёр накобед, ёфта наметавонед, худатонро ғам надиҳед.

Ба мардуми деҳа гуфтанимя, ки аслан натарсед, инҳо беақлу бесаводанд.

Барои як паспорт як нафарро се моҳ медавонанд.

Бовар кунед, ки қишлоқ пур аз бангӣ шудааст. Милисаҳои худашон ҳамачиро медонанд, аммо пул гирифта ҷавоб медиҳанд. Вале, милисаҳо бачаҳои бегуноҳро ғам медиҳанд. Бангиҳо тамоми бачаҳои қишлоқро ҷавонҳоро ба ин касалӣ мубтало кардаанд.

Мо аз мақомот хоҳиш мекунем, ки ин корҳо бас карда шавад. Мардуми бегуноҳро ғам надиҳед. Ҷангиев бас кун, ҳармхур! Ҳамаи ҷиноятҳоятро медонем. Ба ту охирон бор муроҷиат мекунем. Ин Гуловҳо як ҳаромхуранд. 30 сол мешавад ин мактабро мехуранд. Мактабро, бовар кунед, шахсӣ кардаанд, ба мисли хонаи худашон. Гуфтанд, ки мактаб ба номи Гулов Саймукаррам шудаст. Як дӯсти наздикам гуфт, ки чанде пеш як комиссия омадааст. Аз як талаби синфи 6 мепусанд. Вай мегӯяд, ки мактаб ба номи Гулов Саймукаррам аст. Баъд аз баромадани комиссия муаллим талабаро мезанад. Мегуяд, чаро ин хел гуфтӣ? Талаба мегуяд, ки ман аз куҷо донам, ҳама ҳамин хел мегуянд. Ин Гулов Саймукаррам аз мастиаш чанд уборчистаро аз шавҳарҳояш ҷудо кард. Ин беимонро як бор раиси ҷамоати Миралӣ Маҳмадалӣ монданд, дар ҷамоат кор карда натавонист. Боз бо ҳамин зинокорӣ ба дасти мақомот афтод.

Аммо ин навбат сахттар буд. Вақте аз район комиссия бидуни хабари пешакӣ, бедарак омад, ин беимон раиси ҷамоат буд. Дар кабинеташ боз як каси дигар буд, ки номашро гирифтан лозим нест, аврат аст, рӯбарӯи сурати президент, пешвояшон истода зино карда истодааст. Дар ҳамин ҳол ба даст афтод. Ин бор хеле даводав карда халос хурд. Аммо ман ба қонунҳои Тоҷикистон ҳайронам, ки чаро инро чизе нагуфт. Ин номард боз як муаллимаро зани дуюм кардааст. Номаш Соҷида Шарифова. Ин муаллима ягон маротиба шавҳар накарда буд.  Аммо чаро мақомот хомушанд.Қонун зани дуюмро манъ кардааст.

Гулов Рустам ҳаррӯз аз талабаҳо сум ҷамъ мекунад .Муаллимҳо безор шуданд аз ин ҳаромхурҳо. Дар мактаб тамоман интизом нест. Фарошҳоро ба мисли ғулом кардаанд, тамоми намуди ҳақоратро мекунанд.

Намедонем фарзандонамонро ба куҷо равон кунем, ки савод гиранд. Дар мактаб кадри басавод намондааст аз дасти инҳо. Ин директор ҳам як зинокор аст. Аммо аз занаш метарсад. Пинҳонӣ мекунад. Агар роҳро мумфарш накард, тамоми сирҳояшро дар “Ислоҳ” фош мекунем. Мошинашро фурушаду роҳро соз кунад. Як бузи ҳамсинф дорад. Дар масҷид имом мебошад. Мулло Маҳмадвалӣ. Ин мулло Маҳмадвалӣ домоди худораҳматии махсуми Маҳмадӣ аст. Ин мулло як бузи тайёр аст. Ду зан дорад. Зани дуюмаш духтари мулло Маҳмадӣ аст. Аҷоиб инки ин дузанагӣ барои бузҳои мақомот гуноҳ ҳисобида намешавад. Ин муллоро дилаш зад намурд, сагҷон будаст. Муллоҳои бонангу номус дар қишлоқ бисёранд. Аммо ин мулло,к и ягон мактаби динӣ нахондааст. Як вақтҳо аз масҷид сураш карда буданд. Мо, ба ин мулло гуфтанием, ки худат аз ин кор барову рав, бо хубӣ набошад шармандаат мекунем.

Як нафари дигар Муҳаммад Орифзода, ин шахс муаллими одӣ буд. Дар туйҳо барандагӣ мекард, саводаш хуб аст. Ман росташро мегуям одами хуб буд, то вақте ки набераи Қурбоналӣ Мирзоалиевро ба писараш дод. Бо Мирзоалиев қудо шуд. Набераи Мирзоалиев дар дасти писари Орифзода аст. Баъди ин яке қанот бароварда парид. Мазаи нонро ба серӣ дид. Мирзоалиев инро бурда дар маорифи ноҳияи Восеъ монд. Ва ин ҳаромхуриро сар кард. Маориф аз худаш шуд. Ин бо Гуловҳо кор мекард. Мактаби мо боз бесоҳиб монд. Аммо мо фикр мекардем, ки ин мактаби моро акнун обод мекунад. Не, афсус ҳама чиз ҷазиртар шуд. Халқ бояд донад, ки ин Орифзода ҳам як ҳаромхур аст. Мо, медонем, ки бо чандин муаллима бо ин ваъда, ки ба кор мегирад, ҳамхоба шудааст. Муаллимаҳои шавҳару бачадор. Ҳозир ин ҳаромхур боз калонтар шуда дар маорифи вилоят кор мекунад. Дар онҷо ҳам ҳамин корҳояшро идома дода истодааст. Ба ҳар се писараш мошин харида дод. Дар Душанбе дар маркази шаҳр як сеҳуҷрагӣ. Ин пулҳо аз куҷо? Падару модарашро ба ҳаҷ роҳӣ кард.Охир бубинед қудо шави боло равӣ дигар.

Дар бораи нафари дигар бо номи Нурмаҳмад ба шумо гуфтаниям. Ин касифи буз ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиро ҷазир кард. Ин дузди рушод аст. Тамоми маҳалларо ба дод оварда буд. Ин худашро корманди облава нишон дода шабона ба хонаи мардум зада медаромад, барои сарбозшикор. Ин бузичаро зани дуюмашро ман мешиносам. Инро як лата карда буд. Ба ҷуз ин боз бо чанд каси дигар отнашени дорад. Зани дуюмаш ӯро хеле хурд. Аз вазифа гирифтанаш. Боз ба кумитаи замини ноҳияи Темурмалик рафт, онҷоро ҳам ҷазир кард. Аммо як ҳафта пеш ӯро аз ҷойи кораш бо наручник бурданд. Барои гуноҳони ин 20 сол кам аст. Гуё 3 гектар замини обиро ба мардум фурӯхта пулашро хурдааст. Аз онки Нурмаҳмадро қапиданд дар қишлоқ ҳама хурсанд аст. Ҳама мегуянд, ки ин ҳаромхур оқибат ба даст афтид. Лекин мо аз мақомот хоҳиш мекунем парвандаро ҷиддӣ бинанд. Бояд гунаҳгор ҷазояшро гирад. Ман ба мақомот гуфтаниям, ки ҳамаи ин номаро ман дар танҳои навиштам. Мардуми бегуноҳро ҷабр накунед.

Огоҳӣ ба ҷамоату милиса! Раведу дуздҳову ҳақимардумхурҳоро қапед, бангиҳову баригаҳоро қапед. Аз дуздҳову баригаҳо барои хобонидани делоҳояшон чанд пулӣ гирифтанатонро медонем. Хубаш мардумро ғам надиҳед. Ҳар бегоҳ дар назди заправка бангиҳову милисаҳо барои чӣ ҷамъ мешавед?

Инҳо, ин милисаву ҷамоат худашон муттҳам ва шариканд бо дуздҳову бангиҳо.

Ҳамаи милисаҳо, худашон “Ислоҳ.нет”ро тамошо мекунанд, мехонанд, вале мардуми бечораро ғам медиҳанд, ки нахонед, надароед ва агар даромада тамошо кардед, ба ҷавобгарӣ кашида мешавед.

Бародар Муҳаммадиқбол! Шумо моро дуруст фаҳмед ва ин номаи моро ҳарчи зудтар чоп кунед, чопи ин беҳад зарур аст. Мо дар ҷамоати Миралии Маҳмадалии ноҳияи Восеъ рӯз надорем. Тамоми хонаҳоро якто ба якто гашта истодаанд. Барои барномаҳои қаблии шумо.

Хоҳиши ман аз мақомот ин аст ки мардуми бегуноҳро камтар ғам диҳанд. Ман худам ин номаҳоро аз даруни ҷамоат равон кардам. Мардум бегуноҳанд. Дар қишлоқ ҳозир комендантский час эълон кардаанд. Ба гуфтаи худашон пас аз соати 10 касеро қапанд, отдел мебаранд. Илтитмос, ака, ҳарчи зудтар чоп кунед!

Вахш

Салому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устод Муҳаммадиқболи Садриддин.

Ман аз ноҳияи Вахш, дехаи Дустӣ (Пемка) мебошам.

Хостам як шикояти мардуми ин деҳаро ба шумо расонам. Ин мардум дасташон намерасад, ки ба ягон мақомот арзу шикоят кунанд.

Хулоса, раиси совхози мо Дустиев Мирзоалӣ ном дорад. Мо дар ин деҳаи Дустӣ аз соли 1999 истиқомат мекунем. Ин раис Дустиев Мирзоалӣ хонаҳову заминҳои деҳаи Дӯстиро ба номи худ кардааст. Ҳар чизе, ки барои фоидаи ин совхоз буд, аз ҷумла қисмҳои эҳтиётӣ ва  техникаҳоро ҳамаашонро оҳанпора карда зиёда аз 100 тона фурӯхт. Ба чандин гектар  замин ва хонаҳои моро ба хешу табораш гузарондааст. Хонаи ман дар номи писараш будааст. Номи писараш Файзиддини Мирзоалӣ. Ин раис худаш қишлоқи Дӯстӣ омада гуфт, ки ҳар як хонадор омада 20 ҳазор сомонӣ супорад хонаашро ба номаш мекунам, набошад дар хонаи худаш иҷорашин мемонам. Ин беимонҳо раҳме ба мардум надоранд. Чи тавр ин қадар хонаҳоро ба номи худашон кардааст, ҳеҷ кас намедонад. Охир раиси ноҳия Қурбон Юсупов чаро ин ҳамаро намебинад ? Охир хонат сӯзад Қурбони бех кам кам назорат кун ноҳияи раиси мекардаатро.

Ин суханҳо ҳақиқат дорад. Илтимос, илтимос, илтимос ин суханҳоро нашр  кунед ва дар видеоҳо -Ютуб гузоред то ба мо ягон кас кумак кунад. Мо дар Русия ҳастем, муҳоҷири корӣ. Илтимос,ҳ амин қадар фаҳмонида тавонистем.

Исфара

Бароятон аз Чоркуҳ менависем. Дар бораи як ҳодиса ва чанде аз бузҳо навиштаниам. Дар бораи Шарипов Лайсиддин, Абдураҳмон Абду кабут ва Муҳибхон гуфтаниам. Инҳо се чор каса шуданд ва як нафарро заданд. Инҳо ба сари мардуми бечора зулм мекунанд.

Аз аллоҳ наметарсанд. Ӯро лату куб карданд, дар бемористон хоб рафт. Ӯро, баъд Лайс бо шиносҳояш уговорит кард, ки ариза накунад. Миёнадаро як номарди дигар, номаш Муҳибхон бо лақаби Митхун. Ин як подхолими милисаҳо. Вечно аз номи Шодӣ Ҳафиз гап мезанад. Дар шаҳри Краснодар мардумро кор мефармуд, аммо сумашонро намедод. Аз Тоҷикистон милисаҳо меомад, ин кормит мекард. Шукри Аллоҳ, ки ӯро дар Русия тюрма ва баъд депорт карданд. Ин як зинокор, як кормиткуни милисаҳо мебошад.

Аз ҳамаи мардуми Чоркуҳ хоҳиш мекунам, хусусан одамоне, ки магазин доред, пул надиҳед, ҳар як моҳ мебиёяд пул мегирад.
Ин охирин огоҳӣ ба Зафар. Набошад пулҳои аз одамҳо гирифтаатро чоп мекунем. Ин шо Аллоҳ ин Раҳмонови шайтон меравад, он вақт мардум шуморо буз мекашад.

Шаропов Лайсидин! Ин огоҳӣ аз номи мардум  барои ту аст. Ба ту ва Оятулло Раҳматов аст, дигар ҷойи идораи совхозро нагиред.

Шумо фикр мекунед, ки ҳамаро бо пул мехаред? Ин шумо барои пул ҳама чизатонро мефурӯшед. Аммо фикр накунед  ин шо Аллох харида намешад Аҳрор хуб гапҳоятро фикр карда зан, ки як рӯз видеоят мебарояд дар кафе Райҳон. Албатта ишораамро худат фаҳмидӣ. Нусрат бо лақаби Ло, Ҳукмӣ бо лақаби жук қадаматонро дониста монед. Жук ту як беномус ҳастӣ, агар росту дуруст нагаштӣ ҳамаи корҳоят, киҳоро фурӯхтанатро мардум мехонаду мефаҳмад. Розидинов Парвизи КГБ ин барои ту хуб огоҳӣ аст. Туро ҳам дар инҷо менависем. Абду кабут агар боз як бор дигар омадӣ ба марказ боз ҳамон ранги урус видеоятро мепартоем. Ҳоҷиҳои пулдор хуб гуш кунед. Ин қадар ба ин милисаҳову ба КГБ надиҳетон. Вагарна номи якояки шумо ва пулҳои додаи шуморо дар “Ислоҳ” мебарорем. Ин милисаҳо ва кгбеҳои омада як рӯз мераванд, вале боз мо мемонему шумо.

Акаи Муҳаммадиқбол, мо мардуми асили Чоркуҳ аз Аллоҳи меҳрубон  таманнои дорем, ки шуморо барои ин ҳама хидматҳоятон барои миллат ҳифзу ҳимоят намояд.

Чоркуҳ

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ҳамин рӯз дар намози ҷумъа тема фақат дар бораи “Ислоҳ.ТВ” ва “Паём.ТВ” буд. Барои чи ин масъаларо хабар додам? Ончи ки шумо заҳмат мекашед, бар ҳадар нарафта истодааст, натиҷа дода истодааст. Заҳмату меҳнати шумо ба фоидаи миллат аст. Албатта, ин хеле хушҳолкунанда аст ки то имрӯз имомхатиб номи шумо ва Кабириро ошкоро намегирифт. Дар ин намози ҷумъа (28.07.2023 )имомхатиб такрор ба такрор номи шуморо мегирифт ва мегуфт, ки ба суханони инҳоя гуш накунед, ин асту он аст. Ростӣ, то ба имрӯз дар намозҳо фақат номи Раҳмонови алайҳилаънаро мегирифт, аммо ин бор мо, мардуми намозхон дарк намудем, ки инҳо сахт дар тарсу ҳарос афтодаанд, То имрӯз тарсу ҳароси инҳоро ҳис накарда будам. Барои ҳамин, ба ҳамин шаклу тарз муборизаро идома диҳед, Ин шо Аллоҳ, рӯзҳои хубро дар пеш дорем.

Чоркуҳ

Ассаломуалайкум ва рахматуллоҳи ва баракотаҳу акаи Муҳаммадиқбол шумо хуб хастед? Ман як мухлиси шумо аз дехаи Чоркуҳ мебошам ва дар муҳочират қарор дорам. Пас аз иди Қурбон  аз Чоркуҳ баргаштам ва он чиро ки бо чашми сарам дидам хостам тариқи барномаи “Номаҳо аз ноҳияҳо”и Ислоҳ пешкаши мардум намоям. Дар Чоркуҳ ба  намози иди қурбон мерафтам дидам ки дар дари масҷид милисаҳо як чавонеро ки 28 сола буд вале майда ҷуса буд намегузоштанд вориди масчид шавад.  Инҷо байни мардум ва милисаҳо як каме кашокаш шуд ва як корманди чамоат Набиев Салмон омада иқрор кард, ки охир ӯ  дар ҳақиқат 28 сола мебошад, инро милисаҳо шунида баъдан иҷозат доданд, то вориди масҷид шавад. Аммо имомхатиби масҷиди ҷомеъ ба номи Хоҷа устози Валӣ Раҳмонов Абдурақиб инро дар намози ҷумъаи пас аз иди қурбон  тамоман дигар хел шарҳ медихаду боз мардумро гунаҳкор мекунад. Ман ин баромади ӯро навор кардам ба шумо равон мекунам бубинед ин Абдурақиби дуруя чи тавр ба чашми мардум хок мепошад. Мо намозгузорони масҷиди ҷомеъ ба номи Хоҷа устози Валӣ Тариқи барномаи “Ислоҳ” ба Раҳмонов Абдурақиб таъкид менамоем, ки чоплусиву лесакиҳояшро нисбати Раҳмонови пешвояш ва ҳукумат бас намояд, вагарна ҳамаи сиру асрорашро чи тавр ранги шиъаҳо сиға барин барои як ҳафта зан гириашро хусусан бо Ояхон духтари Атохони духтурро ба зани гирифтанашу байнашон чи корҳое мегузарад ҳатман ночаконда пешкаши мардум менамоем.  Охир масҷид ҷои суханони Худову Расул аст. Ин чоплус лаззати намози чумъаро бо таърифу лесакиҳои пешвояш ва паст задани ҲНИТ бо коми мо намозгузорон талх намудааст. Таъкиди мо барои Рахмонову кумитаи амнияташ ин аст, ки мо мардуми бо нанги Чоркуҳ ва кулли Тоҷикистон пайрави ҲНИТ будем ва мемонем бо ин хокпошихоятон ва сиëҳ кардани ҲНИТ шумо наметавонед ақидаи моро дигар кунед. Раҳмонов ба хотир биёр Интихоботи  соли 2010 ро чи тавр ҲНИТ 79 % дарсади овозҳоро соҳиб шуду ту ба таҳлука афтода аз ҳамон рӯз аз пайи нобуд кардани ин ҳизб ва мардони шуҷоъи ин ҳизб шуди! Барои ту ман ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон хақиқатро мегуям, ки ана ҳамон 79 дарсади мардум шояд боз зиëд шуда бошанд. Боварии комил дорам дар тули ин 7 8 соли набуди ҲНИТ мардум боз муштоқтари ин ҳизб шудаанд. Аллоҳ шоҳид аст ин мардум дигар илоҷе надоранд ва ҳар рӯзу ҳар дақиқа марги ту палидро интизоранд.  Гумон накун ки ин ҳама пешвозгириҳои маҷбуриву қарсакзаниҳои мардум самимиянд, онҳо дар лаб хандаву дар дил оҳи чонкохе доранду дар интизори фурсати муносиб!

Шаҳритус

Ассалому алейкум, устод Муҳаммадиқбол! Ман як сокини Шаҳритус мебошам. Мехоҳам аз камбудиҳои ноҳия бигӯям. Вале мехоҳам шахсияти ман ошкор нашавад. Дар ноҳияи мо барқро аз соати 2 то 6 -и бегоҳ хомӯш мекунанд. Дар ягон баланд ошёнаҳо об нест, канализатсия кор намекунад. Аз дасти кормандони БДА ва ВКД ҳама ба дод омадааст. Коррупсия дар ҳар як қадам ҳаст. Зулми мақомдорон дар болои мо хеле зиёд, хусусан ба узбекзабонон. Роҳҳо умуман таъмир надоранд. Дар 30 соли истиқлолият ҳамагӣ 4 километр, ҳатто камтар таъмир шудааст, он ҳам дар маркази ноҳия. Аз дасти ин Ҳоҷии «номард бошм зинда бошм» ягон одам наметавонад соҳибкорӣ кунад. Як ӯзбекро, ки дар ҳукумат кор мекард, кадри хуб буд раиси ҷамоати  Худойназар  Холматов монданд. Аммо ӯро барои резултат подстава карданду маҳкам карданд. Дар мактабҳо кадр намерасад, дарс намедиҳанд. Хусусан дар литсеи давлатии рақами 1, мактаби Макаренко, рақами 4, мактаби рақами 1 дар як рӯз 2 ё 3 соат дарс аст тамом. Вазорати маориф умуман назорат  намекунад. Бародар як чизро бояд ба шумо бигуям, ки дар шабакаи Телеграм аз номи шумо канал кушода мардумро фиреб ва дастгир карда истодаанд.Инро ҳам ба мардум мерасонидед, ки эҳтиёт бошанд

Кушониён
Салом бародар! Ман аз Кушониён менависам.

Муҳтоҷова Ризқиниссо, директори мактаби 39, ҷамоати Сарвати Истиқлол аст,  писарашро гӯё барои сӯҳбат бо мухолифони давлат амният бурдааст.Падараш худаш корманди амният аст. Мегуянд, ки ӯро аз дасти корманди амният бо пули калон подподписка харида овардааст.

Писари ӯ чунин номус ва ақлро надорад, ки аз ҳақ дифоъ кунад. Ӯ як тупой буд дар мактаб ва ҳам падараш корманди амният аст ба ӯ чи лозим мухолифон. Аммо мардум мегӯянд шояд писари ӯро подстава карда бошанд. Барои онки онҳо бо оилаи Хоркашевҳо авлоди Набимуҳаммад -полвон аниқтараш бо писарони амакаш дар қишлоқ муносибати бад доранд. Шояд онҳо ин корро карда бошанд бо ягон шиносашон дар амният. Зеро инҳо зуд -зуд ҷанг мекунанд бо ҳам. Инҳо (Хоркашевҳо) ҳам мусичаи бегуноҳ нестанд. Баланд напаред ки афтиданаш дардовар мешавад.
Директорро баъди нашри мақолаи амнияти Кушониён аз вазорат омада санҷиш гузарондаанд. 1ҳафта аз кор баромад, боз ба кор баргашт. Тамоми телефонҳои омӯзгорони мактабро 1ҳафта бурда дар амнияти Бохтар нигоҳ доштанд. Аммо ягон маълумотро наёфтаанд. Инҳо гӯсфандони кари амниятӣ фикр кардаанд, мардум беақланд. Омӯзгорон аз ҳар хонандагон имсол 60 сомонӣ пули таъмир ҷамъ карданд. Аммо чаро худи омӯзгорон боз синфҳояшонро таъмир мекунанд. Солҳои пеш барои хонандагони поёнӣ таъом медоданд. Қариб 10 сол мешавад ягон нони қоқ намедиҳанд. Куҷо шуд пешрафти маориф ва озуқаворӣ. Дар ин муассисаи таълимӣ қариб, ки ҳамаи омӯзгорон занон мебошанд.  Мардон партофта ба дигар кор рафтаанд ё ба Русия. Якчанд омӯзгорони пиронсол дорад бо собиқаи хуби кор. Онҳо, агар худое накарда, корро бас кунанд, мактаб номаш мемонад,тамом.

Аз вазорати маориф дархост мекунем зуд-зуд дар муассисаҳои таълимии кишвар аттестатсияи омӯзгорон гузаронида шавад: аз рӯи психология, педагогика, ва фанҳои шахсии ҳар омӯзгор. Касони бе маҳорату бе илмро пеш кунед аз кор то дар дарсҳо ба хонандагон даврони ҷавонӣ ва туяшонро нақл накунанд. Маоши омӯзгоронро бардоред.1 400 сомонӣ ин чи аст? Шармандагӣ! Камаш бояд 4000 сомонӣ бошад. Аз фанҳои химия, биология, риёзӣ, физика омузгорон қариб дар ҳамаи мактабҳо намерасад. Валлоҳӣ қасам, бо чашмонам дидаам. Омӯ згорони зан ва мардро дар мактабҳои ҷумҳурӣ, ки ҳатто 50 фоиз аз ихтисоси худ маълумот надоранд. Вазъият дар Донишгоҳҳо низ чунин аст.

Назди мактаби 39 як заправка ҷойгир аст. Тибқи қонун он дар назди мактаб ва хонаҳои истиқоматӣ набояд қарор дошта бошад. Заминҳои паҳлуи ин заправка пеш пахтакорӣ мешуд, ҳосили беҳтарин дошт. Зеро аз назди дарё мегузарад. Ҳамаи ин заминҳо аз тарафи раиси ҷамоат ва раиси ноҳия фурӯхта шуданд ва бисёре аз ин заминҳоро ба одамоне фурӯхтанд, ки пул доданд. Баъзан нафарон 40 ё 45 сола шудаанд дар навбати заминанд. Ин заминҳоро одамони пулдор барои наберагони худ хариданд. Кормандони амниятӣ ва суду прокуратура гирифта баъзеяшон ба дигарон фурӯхтанд. Баъди нашри ин маълумот ҳатто Президент дар як баромадаш номи раиси ноҳияро гирифта ӯро танқид кард ва гуфт зидди онҳо делои ҷиноятӣ кушода шававду тафтиш шавад аммо ягон хабари ба суд кашидани ягон раиси ноҳия барои заминфурӯшӣ набаромад. Фармонҳои ин ҷаноб чунон вазне доранд, ки ҳатто шамол онҳоро бурд ба фаромушӣ. Манро ёдам ҳаст дар солҳои баъди ҷангӣ шаҳрвандӣ барқ доштем аммо ҳоло баъди ин қадар нерӯгоҳҳои нав сохтан барқ надорем.

Вақте шикоят мекунанд мегӯянд дар ин територия дарвозиҳо зиндагӣ мекунанд ва дашном мекарданд. Мегуфтанд шумо дар черный список ҳастед. Як сабабаш ин аст ки аз ин деҳаҳо чанд нафар ба ҷанги Сурия рафта буд. Сабаби дигараш шояд маҳалгароӣ ва кинаи ин нодидаҳо бошад. Аммо дар ин деҳаҳо аслан мардуми тамоми минтақаҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, аз Кӯлоб, Хуҷанд, Вахиё,  Ванҷ, Ғарм, аммо бештарашон мардуми Дарвоз мебошанд. Ҳамаи мардум солҳои 1960 то 1970 бо пешниҳоди академик Бобоҷон Ғафуров ба инҷо оварда шудаанд. Акнун мебинем пас аз нашри ин нома чи мешавад.

Исфара

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи вабаракотуҳу.

ДАР ИСФАРА ДАР ҶАМОАТҲО ЧАРОҒРО ХОМӮШ КАРДАН ШУРӮЪ ШУДААСТ.

Аз санаи 17.07.2023 то кунун чароғро хомӯш карда истодааст. Дар ҷамоат бо навбат маҳалла ба маҳалла. Ҳатто дар шаҳр свет хомӯшкуни рафта истодааст.

Дар шаҳр як соат дар рӯз ва дар ҷамоатҳо бошад баъди намози шом соатҳои 20:00 то 20:30 барқро хомӯш карда истодааст. Охир ин чи рӯзу рӯзгор аст, на дар замистон барқ дорем ва дар тобистони гармӣ ҳам ҳоламон бе барқӣ.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №42 появились сначала на ISLOH.net.