Архивы Варзоб ГЭС - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 311
Як нома аз Душанбе-пойтахт мамлакат, як нома аз муаллифи ҳамешагии мо аз Волгоград ва номаи охир аз Нурободро ин навбат бароятон омода намудаем.

Номаи Душанбе аз як нафаре аст, ки солҳо дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошта ва дар хонаву коргоҳҳои нафароне аз низомиҳои пешини Русия, ки солҳои пеш, солҳои ҷанг дар Тоҷикистон кор кардаанд, кор кардааст. Вай дар ин нома баъзе фикру мулоҳизоеро пешкаш намудааст, ки қабул кардан ва ё накарданро ба ихтиёр ва қазовати худи шумо ҳавола мекунем.

Муаллифи доимии аз Волгоград ин бор низ як мақолаеро дар робита ба маҳдудияти неруи барқ аз сомонаи нашрияи чопи Душанбе интихоб намуда ва бо муаллифи он баҳс кардааст.

Нависандаи нома аз Нуробод аз порагирву порахӯриҳои масъулони арсаҳои мухталифи ҳкомияти ин ноҳия навишта ва аз раиси ноҳия даъват кардааст,ки ҷилави онҳоро бигирад.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман солҳои дароз дар Русия кор карда бо баъзе аз афсарони пештараи шӯравӣ ва Русия ҳамшин шудаам ва гоҳо дар бораи сиёсат ҳам сӯҳбат мекардем.

Суҳбатҳои яке аз полковникҳои пешина бо гузашти шаш-ҳафт сол аз ёдам намеравад.

Дар бораи президенти Узбекистон Ислом Каримов гап мерафт. Ин полковник гуфт, ки Ислом Каримов барои Узбекистон ва мардуми худ бисёр хизмат кардааст, вале дар вақти сарварии ӯ шиками (бачадони ) занонро мебуриданд.

Ман ба ин гап аввал аҳамият надодам. Лекин дар сари ман чунин фикр омад, ки Ислом Каримов агар шиками занеро бурад, шиками зани тоҷикро мебурад.

Дар муддати ҳабдаҳ, ҳаждаҳ соле, ки дар муҳоҷирати Русия будам, то ҳол тоҷикеро надидам, ки шаҳрванди Узбекистон бошаду зиёда аз ду фарзанд дошта бошад. Ман аҳамият дода будам, ки дар Тоҷикистон хеши андак дуртари мо панҷ- шаш фарзанд дошт ва чи намуди спирале бо укол дар ӯ зада буданд, бо хоҳиши ӯ ва шавҳараш, он зан ба монанди пуффак фарбеҳ шуда буд ва занҳои тоҷикро ( шаҳрвандони Ӯзбекистонро), ки медидам ба монанди он зан буданд ва доим аз бемории худ шикоят мекарданд.

Ба ғайр аз ин тоҷикони гирду атрофи Самарқанду Бухоро мегуфтанд, ки вақте мо хурд будем дар кӯчаву мактаб ҳама ба тоҷикӣ гап мезаданд, ҳоло не. Баъд аз истиқлолият ӯзбекон бениҳоят зиёд шуданд, аммо дар хурдӣ мо онҳоро қариб ки  намедидем.

Аз рӯйи гуфтаи сокини Бухоро, ки як сол бо вай дар якҷо кор карда будем, имрӯз агар дар Узбекистон гринкартаи амрикоӣ дода шавад, бисёртар ба тоҷикони Самарқанд дода мешавад, агар укол кардани занҳоро бас карда бошанд ҳам.

Тоҷикро бо роҳи дигар сафашро кам мекунанд.

Вале аз ҳама аҷоибаш дар чист? Агар душмани мо моро нобуд кунад, душманро фаҳмидан осонтар аст ки ӯ душман аст,

Моҳи август ё сентябри гузашта дар шабакаҳои Тоҷикистон ваксинаеро нишон доданд, ки барои ҳифзи саломати духтарон аст ва ба духтарони синфи чор то даҳи мактаби миёна дар мактабҳо укол карда мешавад. Баъд аз як ду ҳафта ин хабарро андак дигар карда хабар доданд, ки ваксина барои пешгирии саратони гарданаки бачадон( рак шейки матки) карда мешавад.

Ман ҳам ба монанди бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба гуфтаҳои ин ҳукумати бе имону нангу номус ҳеҷ боварӣ надорам. Чунки ман фаромуш намекунам хабари соли 2023- ро, ки ҳукумат бо ваҳму воҳима хабар дода буд, ки дар соли 2023 сафи кӯдакони навзод 350 000ва ин рақам аз фавтидагон зиёд аст.

Албатта, агар шахси мусалмон кӯдакони навзодро беҳтарин неъмати Худо донад ин ҳукумати беақлу бе номус зиёд шудани миллатро мушкилӣ меҳисобад.

Ин ҳукумати бе номус, то маҳру қалинги духтарон биниашро халондааст, ки қалин арзон будаст, қалинро бардоштан даркор то оилаҳо пош нахӯранд. Дар асли кор нияте доранд, ки писарони бечора зан гирифта натавонанд, сафи мардуми мусулмон зиёд нашавад.

Тарси ман дар баробари нобуд шудани миллати тоҷик дучанд мешавад. Вақте ки сафи бе номусон ( ҳукумат ва амнияти имрӯза) зиёд мешавад.

Худо накунад, ки ин беномусон зиёд шаванду Тоҷикистони азизи мо Беномусистон  шавад.

Мо медонем, ки ташкилкунандаи ҷанги дохилии мо Ислом Каримов бо ҳамроҳи  КГБ-и Русия буд ва маҳз ҳаминҳо ба дасти мардуми бечораву бесавод яроқ доданд, то бародари мусулмонашро бикушад. Ба мо ҷавоби ин ҳукумати беномус даркор. Дар вақте мардуми фирефташудаи тоҷик дар Душанбею Ғарм  якдигарро мекуштанд, чи қуввае буд, ки дар Шаҳритус, Қурғонтеппа, Вахш ва дигар шаҳрҳо тоҷиконро мекуштанду узбеконро даст намезаданд?

Мардуми гурезаи Тоҷик аз кӣ гурехта ба хоки Афғонистон рафтанд? Магар мардуми мусулмон онҳоро кушт?  Барои чи ин амалҳои ғайриинсонии артиши Узбекистонро касе ба ёд наовард ва ҳамаи ин кушторҳо дар гардани мардуми мусулмон ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бор аст то ба имрӯз

Бародар,  умри мо дар муҳоҷират мегузарад. Вазиру раису амнияту милисаи ин ҳукумати беномусонро намешиносам, гуноҳҳои ин беномусон дар чашми ман наметобад. Аз он сабаб, ки ман медонам сарчашмаи ин ҷиноятҳо Раҳмонов ва оилаи ӯ аст. Мо солҳои дароз миннати дуруғи Раҳмоновро мешунавем, ки гуё маҳз  ӯ мардумро аз ҷанг халос кардааст. Аммо дар амал ҳамин Ислом Каримов ва КГБ-и Русия ба дастони Эмамолӣ Раҳмонов яроқу аслиҳа дода бар зидди халқи тоҷик хезонданд. Раҳмонов сулҳ накардааст. Раҳмонов ҷанг кардааст, ҷанг бо пуштибонӣ ва ёрдами Узбекистону Русия.

Айни ҳол бошад тамоми маблағҳои ҷаримаву андоз, маблағҳои растаможкаву утилизатсияи мошинҳо, тамоми маблағҳои ғоратшуда аз мардуми мо ба ихтиёри Рустами Эмомалӣ супорида мешавад, то дар муддати кӯтоҳ шаҳри Душанберо ба гуфтаи худ зебо кунаду ба тахти падараш нишинаду то охири умри мо ба мо миннат кунад, ки бе Рустам шаҳрро дигарон обод карда натавонистанд, шаҳрро сохт Тоҷикистонро ҳам месозад. Аммо, ман, ки ҳоло дар шаҳри Душанбе ҳастам, ба ҷуз аз домсозӣ ҳиҷ ободиро дар шаҳр намебинам. Ин пулҳоро Рустам дуздиву ғорат мекунад, вале ҳеҷ ободкорӣ карда наметавонад.

Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Хабарҳое, ки аз ватан дар бораи лимити барқ мерасад, дар ҳақиқат одамро беҳад зиқу ноумед месозад. Ин ҳукумати Тоҷикистон неруи барқро ба хориҷа мефурӯшад, аммо парвои халқи худашро надорад. Вазъияти на танҳо хонаводаҳо, вазъияти мактабу боғча, бемористону амбулатория, бонкҳо, автозаправкаҳо, хулоса ҳама ҷое, ки мардум ҳар рӯз сарукор доранд беҳад бад шудааст. Аз рӯи маълумотҳое, ки аз ватан мерасад дар баъзе ҷойҳо генератор мондаанд, ки албатта, аз ноилоҷӣ аст.

Вале манро навиштаҳои баъзе аз чоплусону хушомадгӯҳо, ки мехоҳанд айбро ба гардани табиат монанд, ҳукуматро бетақсир ҷилва диҳанд, мардумро ором карда гӯл зананд, дар ҳайрат овардааст.

Бародар Муҳаммадиқбол! Инҷо навиштаи яке аз чунин нафаронро аз сайти нашрияи СССР пешкаши шумо ва хонандаҳои муҳтарами «Ислоҳ» менамоям ва сипас дар бораи он фикру мулоҳизаҳои худамро баён мекунам. Ин навишта дар таърихи 11 декабр таҳти унвони «Андар боби норасоии барқ» чоп шудааст ва матни комили он чунин аст:

«Ин мавзӯъ хеле ҳассос аст. Ҳоло қаламҳоятонро тез карда, дашному ҳақорат бар сарамон нарезед. Бодиққат хонед ва бидуни эҳсос назарҳоятонро бикоред.

Мушкилоти барқ дар фасли зимистон танҳо дар Тоҷикистон нест. Дар аксари кишварҳои Осиёи Миёна ва дигар давлатҳо низ ин мушкил буда, бо тағйирёбии иқлим эҳтимол аст дар зимистонҳои оянда вазъ бадтар шавад.

Аҳолии Тоҷикистон аз 5 миллиони соли 1990 имрӯз то ба марзи 11 миллион нафар мерасад. Ҳар сол 250 000 нафар аҳолӣ зиёд шуда истодааст.

Ҳоло барқе, ки 1 оила истифода мебарад, шояд 20 оила дар соли 1995 истифода мебурд. Дар ҳар як оила 3-4 адад кондинсионер, термекс ва даҳҳо дастгоҳҳои дигар бо барқ пайваст мешаванд. Ҳатто хонаи сеошёнаи заминиеро дидаам, ки 21 адад кондинсионер дар он насб шудааст.

Корхонаҳои саноатӣ, мактабу бемористонҳо ва садҳо иншооти дигар бо барқ кор мекунанд. Дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ кор карда истодааст.

Дар кишварҳое, ки асосан аз нерӯгоҳҳои обӣ истифода мебаранд, мисли Тоҷикистон паст шудани сатҳи об дар обанборҳо, тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ба кам шудани истеҳсоли барқ сабаб мешавад. Бо табиат магар ҷанг карда мешавад?

Мушкили давлат мушкили мост. Дар пастию баландӣ бояд дар бари Ватан бошем. Ватандӯстӣ ҳамин аст. Гуфти устод Алимуҳаммад Муродӣ мисли хоинон аз дур вақ-вақ кардан дуруст нест:

КУҶО БУДӢ?

…Ҳоло зи дури дуриҳо фарёд мекунӣ,

Ҳоло канори гарми ватан ёд мекунӣ.

Рӯҳи малӯли худ

Бо хотироти гумшудаат шод мекунӣ,

Номи ватан гирифтанат ҷойи хиҷолат аст,

Андар шиносномаат мӯҳри хиёнат аст.

Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.

То имрӯз ду агрегати неругоҳи «Норак» ва се агрегати неругоҳи «Қайроққум» пурра навсозӣ карда шуд.

Имрӯзҳо бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст. То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун» ба анҷом расонида шудаанд.

Чунончи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон гуфта буданд: «Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад».

Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолиро дар пай дорад.

«Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем. Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дорам. Зеро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва саъю талоши хастагинопазири ҳар фарди ҷомеа эътимоду итминон дорам.» – гуфтаанд Пешвои миллат».

Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ

Муаллиф гуфтааст, ки бидуни дашном. Хуб, ба ин бародар тавсия доданиам, ки дар «Ислоҳ» мақолаи «Раҳмонов халқро хар карда зин задааст»-ро хонад ва бифаҳмад, ки қуваи барқи мо ба мардум мерасад ва зиёдатӣ ҳам мекунад. Аммо Раҳмонов онро фурӯхта истодааст.

Муаллиф навиштааст, ки аҳолӣ зиёд шуд, корхонаҳо зиёд шуд. Кадом корхона зиёд шуд? Аҳолӣ зиёд шуд, зиёд шуд, аммо светро аҳолӣ кам накардааст. Ба аҳолӣ свет намедиҳед, зиёдшавии аҳолӣ ба камшавии свет чи алоқа дорад. Светро ба Афғонистон, ба Қирғизистону Узбакистон нафурӯшед, ба мардум мерасад. Об кам шуд аммо чаро ҳаҷми фурӯши қувваи барқ ба хориҷаро кам намекунанд.Чаро?

Муаллиф аз қавли Раҳмонов  насиҳат кардааст, ки  сарҷамъ бошем, ватанмонро сидқан дӯст дорем…. Бале мо ватанамонро сидқан дӯст медорем, аммо ин дӯстдоштани ватан дӯст доштани Раҳмонову оилаи аз қавми яъҷуҷу ва маъҷуҷ ҳам калони вай нест.

Ман ҳам даъват мекунам, ки биёед муттаҳид ва сарҷамъ шавем ва  бар зидди ин ҳукумати хонаводагии авлодӣ бархезем. Ин авлод ҳамааш свет дорад, корхонаҳояшон свет дорад, аспхонаҳояш свет дорад, фермаҳову фирмаҳошон свет дорад. Аммо пули светро намедиҳанд, ройгон истифода мекунанд. Вале ба халқ намедиҳанд. Чаро бояд мо тоқату таҳаммул кунем?

Нуробод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Шумо дар бораи Нуробод номаи алоҳида чоп кардед. Ташаккур ба шумо. Ончи дар он барнома дар бораи Нуробод гуфта шуд, ҳамааш дуруст аст. Ман ҳам чанд чизро иловатан гуфтаниам. Аввл дар бораи Шӯҳрат Давлатов. Вақте мардум аз ҳаҷ меоянду ба Шуҳрат шикоят мекунанд, ки ту  махсус аз мардуми Нуробод ё аз ҳамсояҳои мо Мучахарф пули бисёр мегирӣ Шуҳрат Давлатов онҳоро тарсонида мегӯяд: «лишни гап занед, ба амният мегуям, ки бо мухолифон ҳамкорӣ доред ва дар ҳақиқат рафта ҳамин гапро мегуяд. Аз пули ҳачи мардуми камбағал тағоияш-Аҳтами барсро ҳаҷ бурд.

Ҷалоли усто вақте банг мезанад, ҳамсинфаш Абубакр насиҳаташ мекунад, ки банг назан, ҳамаро ба Сиёвуши амният мефурушӣ. Ҷалол истеҳзо карда мегӯяд нав падарам аз дунё гузашт боз ту насиҳатам мекунӣ.

Абубакр як амак дорад дар Самара. Як вақтҳо посредник буд. Ҳозир ба савдои асал гузаштааст дар Самара. Амакаш ҳоҷӣ Садриддин мегуяндаш. Мо мардуми Мучахарф дар Самара ҳастем. Ҷалол ин амакашро ҳақорат мекунад, ки хонаашро ба мо қимати бад савдо мондааст. Як вақт барои амакаш 6 –ой отдел фарёдаш мекунанд. Мегуянд рақамҳои амакатро деҳ. Намедиҳад. Як шатааш мезаннад, зуд номерро медиҳад. Ҷалол бангро мезанаду бачаи амакиашро мазоҳ мекунад: «Фирдавсро биёрмт майдача, мезанӣ» мегуядаш. Фирдавсро мегӯяд натарс, амният одами худамон аст. Сиёвуши амният ҳеҷ чизат намегуяд. Дар ҳамин Самара як ҷурааш ҳамроҳамон кор мекунад. Вай Ҷалол, Раҷабалӣ, Каримҷонро мешиносад  ва дар бораи корҳои онҳо нақл мекунад.

Дар бораи Шафоатова Зарина врачи роддоми Нуробод. Дар ҳоли ҳозир гирифтани пораро бисёртар кардааст. Мегуяд ягон кас маро проверка намекунад, чунки тағоям амният аст. Аввал барои справка барои гирифтани  шаҳодатномаи таваллуд150 мегирифт, ҳозир 250 сомонӣ кардаст. Барои таваллуди занҳо пештар 500 сомонӣ буд, ҳозир ҷои хобро якҷоя карда 900-1000 сомонӣ мегирад. Бераҳми бад шудаст. 25 сол шуд дар Нуробод кор мекунад.

Муҳтарам Солеҳзода, раиси ноҳия, пеши роҳи порахурҳоро бигир, намегирӣ вазифаеро, ки подаркаат карданд, холиаш кун. Медонам, ки гапат намегузарад вале аз мо гуфтан. Амнияти Нуробод аз қафоят кор карда истодааст. Медонем хусур бачаатро барои нарафтан ба хизмат амният қапид. Хусурат пешат омад. Шумо гуфтед, ки «ма ба духтаратон кор дорам на ба бачатон». Дуруст кардед, аммо хоҳиш  камтар роҳи порагириро гиред.

Охир балнитса меравӣ духтури гӯш отделно бист сомонӣ мегирад, духтури дандон меравӣ ҷудо мегирад, пеши врач медарои отделно мегирад. Ҳозир даҳ сомонӣ аз байн рафт. Ҳамин бист сомониро ҳам бо дили нохоҳам мегиранд. Бояд аз бист сомонӣ ҳам зиёд диҳӣ.

ГАИҳои сари ҷарии даромадани дарвозаи Дарбанд аз таксиҳо барои як рӯз 40 сомонӣ. Аз ронандаҳои самти Ғарму Тавилдара ва дигар шофёрҳои роҳгузар то 20 сомонӣ нагиранд, ҷавоб намедиҳад. Солеҳзода ин масъаларо бубин.

Барои ҳуҷҷати заминат меравӣ ҷамоат пул мегирад. Раиси ҷамоат аз Тегирмӣ, ҳамқишлоқиат аст. Меравӣ дар ҷои кораш дар ҷамоат нест. Рақамҳои ватсапат дар симкартаи Вавилонат буд удалит кардааст, ватсапи нав кушодааст. Акнун мо ҳамачиро гуфта шинем?

Маҷбурем, ба Ислоҳ нависем. Раиси ноҳия Солеҳзода.Ф ба ғоратгаронаш мегуфтааст, ки «ма вазифагирӣ наомадам, ободкунӣ омадам». Аммо ҷаноби Солеҳзода бояд бидонӣ, ки ободӣ аз тоза кардани ҳукумати ноҳия аз порахӯрҳо оғоз мешавад. Порагириву порахурии бемористонро бубин. Вагарна дар номаи дигар дар бораи худат, зани душанбегиат сар мекунем.

Тамоми раисҳои сохторҳоят, аз раисони ҷамоатҳо гирифта то облавшикҳову то раиси шуғли аҳолӣ Эшонов.З ҳамаш пора мегиранд ва боз оҳиста карда мегӯянд, ки амният нафаҳмад. Мо кори туро буд мекунем, лекин амният хабар набарад. Гапашон фақат ҳамин.

Бародар Муҳаммадиқбол! Як бор шумо Эмомалиро аз минбари Ислоҳ гуед, ки ба ин Солеҳзода бифаҳмонад, ки вазифаат муваққатӣ аст. Ба умеди Рустам нашавад.

Бо мототсиклат нагарду масъалаи фасоду порагириву порахӯрон сахт бубин: «Заминҳо набояд холӣ бимонад, картошкаву сабзӣ кишт кунед»,гуфта гаштааст Солеҳзода.

Эй, раиси Солеҳзода! Ту гӯӣ нагӯӣ, ки мардум медонад, ки бо заминаш чи кор кунад. Ҳозир як ваҷаб замини холиро намеёбӣ, намебинӣ, ту чи мардумро насиҳати ноҷо мекунӣ, маслиҳат бемаънӣ медиҳӣ. Ту кори худатро бин!

Бародар дар охир гуфтаниам, ки мо мардуми Нуробод дар Самара бисёрием ва қариб ҳамаамон шуморо тамошо мекунем ва тарафдоратон ҳастем. Албатта, бузу бузғола ҳам дорем. Вале бисёриҳо шуморо тарафдоранд.

Саломат бошед.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 311 появились сначала на ISLOH.net.

Раҳмонов халқро хар карда зин задааст
«Бародар, илтимос, ҳар вақте эфир мекунед дар бораи ноҳияи Дӯстӣ бигӯед, ки барои ин ду соат свети дар сутка медодаашон дар як моҳбоз шарм нокарда 400 сомонӣ талаб карда истодаанд. Дар инҷо Бегмурод Султон ҳамаро зулм карда истодааст».

Номаи маро алоҳида нашр кунед №16

Хеле дар ғазаб ҳастам. Наход дар як шабонарӯз се соат барқ диҳӣ? Ислом, ки надорӣ, маълум, ақалан мисли бачаи одам инсофу раҳм ҳам надорӣ? Охир ин чи рӯзи сиёҳ аст?

Худат, ки солҳо дар вазифаӣ, гуфтӣ, тоқат кунед, рӯзҳои бадро пушти сар кардем, имрӯзҳо ҳам мегузарад, тоқат кардем.

Духтаратро овардӣ, боз ҳамин гапҳоро такрор кардӣ.

Бачаатро овардӣ, боз ҳам ҳамин ваъдаҳоро додӣ ва аз гапи хушку холӣ домани мардумро пур карда истодаӣ!

Мардуми тоҷик тамом кард, чизеаш намонд, тоқату таҳаммули мисли кӯҳ ҳам, ки буд, бо ин тарзи корбарии ту тамом шуд. Дар чунин вазъу ҳол сабри аюбӣ ҳам буд, дошт дода наметавонад. Агар мардум фил ҳам буд, агар мардум кӯҳ ҳам буд, бахудо тамом кард. Фил ҳам тоб намеораду кӯҳ ҳам коҳ мешавад.

Се соат дар тамоми шабонарӯз!!! Ин ниҳояти тохтутози мардум аст. Ин хар кардани мардум, зин задани мардум аст, халқро хар карда савор шудан аст.

Мардум аз ту чизеро талаб намекунад, ки набуда бошад, свет ҳаст, аммо намедиҳӣ, мефурӯшӣ. Ин нону намаки мардум оқибат туро кӯр мекунад, мезанад. Як бор биандеш, ки кӣ будиву кӣ шудӣ, чи доштӣ ва ҳозир чиҳо дорӣ? Магар кам аст?

Мегӯӣ, ки шукрона кунем. Хуб, шукрона кардем, ки чунин сарвари оқилу хирадсолор дорем, баъд чӣ?  Соҳиби свет мешавем?

Дар куҷои ту, дар куҷои давлатдории ту, дар кадом самту соҳаи кори ту  шукрона бояд кард?

Ҳар рӯз мардум барои ту нафрину лаънат мефиристанд, ҳаррӯз такрор ба такрор лаънату нафрат мекунанд. Аммо гуё, ки намефаҳмида ва намедониста бошӣ. Аз ҳама чиз бохабарӣ.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман инҷо чанд гуфтанӣ дорам ва мехоҳам, ки Шумо ин навиштаи маро дар гӯшаи «Номаи маро алоҳида нашр кунед», ҷой диҳед.

Ҳарфи ман дар бораи набуд ё норасоии қувваи барқ-свет аст. Оё дар ҳақиқат мо барқ надорем? Оё дар ҳақиқат мушкили набуд ё норасоии қувваи барқ-дефитсит  воқеист?

Як чизро ба ҳисоб бигиред. Шумори истгоҳҳои тавлиди неруи барқ (ГЭС) дар кишвар чи қадар зиёд шуд? Албатта, ки зиёд шуданд. Акнун, ки зиёд шуданд табиист, ки ҳаҷми тавлиди қувваи барқ ҳам дар муқоиса бо солҳои пешина меафзояд: Сангтӯда- 1,Сангтӯда- 2, Помирэнержи, ду агрегати Роғун, ду Маркази барқу гармидиҳии Душанбе (ТЕТС) ва низ ВарзобГЭС, Норак ва Қайроқум навсозӣ ва аз тавони қаблиашон бештар истеҳсол мекунанд. Яъне зарфият ва тавони тавлиди неруи барқ дар қиёс бо солҳои қабл дар Тоҷикистон бамаротиб афзуд.

Акнун чизи дигарро ба ҳисоб бигиред. Оё кадом корхонаи азими саноатӣ, ки вобастаи қувваи барқ бошад, масалан ба мисли Талко ё яхдони Помир дар ин давра сохта шуд? Сохта нашудааст! Баръакс ҳамин Талко мисли солҳои қабл кор намекунад. Талко аз 9 агрегати Норак ҳафтои онро истеъмол мекард. Неругоҳи Норакро барои тавлиди алюминий сохта буданд.

Заводи яхдони маъруфу машҳури Душанбе -Помир тамоман несту нобуд гардид. Боз, инро ҳам ба ҳисоб бигирем, чи қадар заводҳои хурду миёна, ки бо неруи барқ кор мекарданд, масалан заводҳои коркарди пахта, тавлиди шароб, (винзавод) консервбарорӣ, заводҳои коркарди тамоку, комбинатҳои калоне мисли нуриҳои азотии Вахш, заводи кимиёвии Ёвон, коргоҳи кимиёвии Исфара, корхонаи гидрометаллургии Исфара, фабрикаи трикотажии Уротеппа, фабрикаи трикотажии Гулистони Душанбе, даҳҳо заводи орд-мелкомбинатҳо, комбинатҳои атласи Душанбеву Хуҷанд, комбинати тавлиди қолинҳои Қайроққум-калонтарин  корхонаи қолибарории СССР, Текстилкомбинат, заводи «Тоҷикгидроагрегат»- заводи арматури ба номи С. Орҷоникидзе, Тоҷикмаш, Тоҷиктекстилмаш, фабрикаи ҷуроббароӣ-чулочка-«Нафиса», заводи «Фонон», «Тоҷиксемент», ЖБК-и Душанбе, комбинати маъдан-ГОК-и Айнӣ, «Востокредмет» «комбинати Чкаловск», заводи пойафзоди Хуҷанд, заводи коркарди пуст-кожзавод, комбинатҳои гӯшт, равған, шир, пивзавод ,фабрикаҳои тавлиди мебел, собунпазӣ, коргоҳҳои тавлиди хишт, дузандагиҳо, хлебзаводҳо, коргоҳҳои табъу нашр, Авторемзавод, Текстильмаш», «Торгмаш»  ва ғайраҳо шабурӯз бо қувваи барқи ҷумҳурӣ кор мекарданд. Ҳоло 90% ин корхонаҳо тамоман вуҷуд надоранд, чи расад, ки бо истифодаи неруи барқ ба норасоии неруи барқ ба аҳолӣ сабаб шуда бошанд.

Масалан заводи яхдони Душанбе ба 22 мамлакати дунё содирот мекард ва ё «Торгмаш»-и Душанбе ба  Владивосток, Севастопол, Ленинград, Североморск ва то Диксон маҳсулот дастрас мекард. «Торгмаш» танҳо корхона дар ҳудудии СССР буд, ки электроплитаҳо барои муассисаҳои хуроки умумӣ (общественного питания) аз ҷумла барои киштиҳои Флоти ҳарбӣ-баҳрии СССР содир мекард ва дар ин коргоҳ 3000 кас кор мекард.

Бинобар додаҳои интернетӣ дар авохири солҳои 80 беш аз 400 муассисаи саноатӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард. Дар миёнаҳои солҳои 70 то 1988  маҳсулоти кишоварзӣ  2.2 – 2.6 миллиард сум вале тавлидоти саноатӣ бештар аз 7   миллиард  сумро ташкил медод. Ҳиссаи асосии ин тавлидот ба Тадаз (Талкои имрӯза ГОКҳо, комбинатҳои текстил, комбинатҳои нефтукимиё, корхонаи тавлиди яхдон марбут будааст.

Танҳо дар Душанбе комбинати шоҳибофӣ,, «Текстилкомбинат», «Тоҷиккатлас», заводи яхдон фабрикаи тамоку корхонаи пойафзолу  ҷуроббарорӣ , ки даҳҳо ҳазор кор мекарданд несту нобуд карда шуданд. Масалан комбинати шоҳии ба номи Крупская дар соли 1990 -15 млн. 230 ҳазор метр матоъ: атлас,  крепдешин,  лас, дар умум 12 намуд истеҳсол дошт ва дар он 5000 кас кор мекард. Тавлидоти саноатии Тоҷикистон   50 давлати дунё содир карда мешудааст.

Ҳамаи инҳо барқ истифода мекарданд,ки ҳоло нестанд. Ин чанд коргоҳҳои кучак, ки ҳоло амал мекунанд, чени онҳо истеъмол ва истифодаи қувваи барқ намекунанд. Пас савол пеш меояд, ки вақте истеъмол аз истеҳсол чанд баробар кам шудааст, чаро ба аҳолӣ свет дода намешавад? Чаро неруи барқ намерасад?

Эмомалӣ Раҳмонов мегуяд аҳолӣ ду баробар зиёд шуд. Кондитсионер набуд, кондитсионер дорем. Хонаҳо яхдон доранд. Корхонаҳои саноатӣ зиёд шуд. Ин гапҳо гул задани мардум аст.

Кадом корхона? Сифатфарма? Озода кемикал? Ғаюрсемент? Сиёма? Амирӣ? Ин коргоҳҳо ҳеҷ кадоме ҳатто 500 коргар надорад. Як агрегати Норак хуб бигзор, ду ва бигзор се агрегати Норак барои таъминоти онҳо масраф шавад. Аммо, ин баҳонаи то ба ин ҳад лимити шадид ҷорӣ кардан набояд шавад.

Раҳмонов баҳонаи лимитро дар кам шудан оби ҳавзи “Норак” вобаста мекунад. Ин баҳонаест, ки дигар доимӣ шудааст. Вале, мо ҳақ дорем бипурсем, ки агар кам шуда бошад, чаро содироти қувваи барқ зиёд вале барои мардум кам мешавад?

Тибқи иттилои Оҷонсии омор то ҳамин имсол моҳ то моҳи дигар махсусан дар тирамоҳу зимистн ҳаҷми содирот ба хориҷа зиёд мешавад. Ҳаҷми содирот аз ҳисоби сахттар кардани режими тақсимоти барқ мешавад на чизи дигар. Охир имсол ҳатто дар моҳҳои тобистон навоҳии зиёди кишвар барқ надоштанд. Шарм нокарда вазири энергетика гармии зиёдро далел овард,ки трансформаторҳо об шуданд. Охир ин рӯзи сиёҳ аст? Замистон об кам, тобистон гармии зиёд. Мо чикор кунем дигар бояд зиндагони накунем,ки чунин ватани чор фасла дорем?

Як чизи дигарро гуфтаниам.

Мардумро барои ду сол захира кунед гуфта гӯшу мағзашонро солҳост хурда истодааст: «ҳозир тирамоҳ аст, тобистон аст, арзон аст, захира кунед». Аҷаб, мо ба дари ту талабидан нарафтаем, аммо ту ҳаррӯз талабидан меоӣ. Бало ба пасат. Вале чаро худат дар тобистон дар ҳавзи Норак обро захира намекунӣ? Чаро зиёдтар захира намекунӣ?

Имсол аз моҳи сентябр светро куштӣ. Магар дар сентябр ҳам ҳавзи Норак пур нашуда буд? Ин ҳам дар ҳоле, ки имсол гарм омад, яхҳо зиёд об шуданд, пас ин об куҷо рафт? Чаро дар ҳавз ҷамъ наовардӣ.

Дар соли 2018 гуфтӣ афсона мешавад, 8 сол гузашт, боз гуфтӣ, ки соли 2027 халос мешавем, аммо бовари кас бо ин корбурди ту ва давлатдорият намеояд,ки ин муаммо ҳал шавад.

Афзоиши шумораи аҳолиро баҳона пеш меоварнд, ки касро қонеъ намекунад. Афзоиши аҳолӣ на ба он ҳаҷме аст ки битавоанд 7 агрегати Норакро истеъмол кунад.

Ин Раҳмонов як майда инсофу раҳму шафқати инсонӣ дар бараш нест. Вай ба миллат ва мардум тамоман дилаш намесӯзад. Ба Худо кудакҳои майдаро мебинӣ, вақте свет мемурад чи қадар зиқ мешаванд, дилат об мешавад. Набераи ман меравад виключателро чанд бор болову пойин мекунад. Мегуяд свет нест. Эмомалӣ кушт. Лампа дар гирад, ончунон хурсанд мешаванд, ки ҳеҷ нагуфтанӣ. Медаванд самти телевизор.

Ман ҳайрон ҳастам, ки Раҳмонов боз дар бораи ИИ- ҳуши маснуъӣ гап мезанад. Ҳуши маснуъӣ бесвет чи маъно дорад? Боз дар куҷо ИИ мегӯяд дар минбари СММ. Эй вой бар мо.

Ҳамон пулеро, ки барои содироти барқ аз хориҷа мегирад халқи тоҷик дода истодааст. Баракс, ҳозир баҳои қувваи барқро ба мардум назар ба содирот гаронтар кард. Як кв.соат қувваи барқ барои як сартарош, як музадӯз, як гӯштфуруш, мағоза, ресторан ва амсоли ин масалан масҷид 10 сент -92 дирам аст. Дар куҷо ва ба кӣ кв.соати барқ даҳ сент фурӯхта мешавад, яъне содир мекунад? На ба Афғонистон ва на ба кишвари дигар.

Инро бояд гӯям, ки аммо агарчи ҳиҷ коргоҳе, калон бошад насохтааст, вале ҳар кадоме аз  аъзои ин оила худашон  як агрегатро сӯхта истодаанд. Барои Тахминаву Фарзона Сангтӯда- 2 камӣ карда истодааст.

Тоҷикистонро бахшу қисмат намуда ба духтарҳову домодҳои расмиву ғайрирасмӣ, Азизмои газетхонак, Ҳасан Асадуллову Зоири мундуқу Шамсуллои Фарозу, Комил Мирзоалию Исмтаи дуликҳо тақсим карда додаӣ. Ҳоҷӣ Раҳматуллову Муҳиби номард бошаму зинда бошам, Амонуллову Амируллову дигару дигараш аз Краснаяи линия свет доранд. Инҳо миллионҳо киловатро месузанд, бе як тин. Зимистон фермаҳояшон свет дорад, хлоппунктҳошон свет дорад, оғилу аспхонаҳояшн свет дорад, аммо мактабу боғҷаву беморхонаҳои мардуму зоишгоҳҳояшон свет надорад, идораи ҷамоат свет надорад, масҷид свет надорад.

Ту кафили риояти ҳуқуқи мардум ҳастӣ, аммо ҳуқуқи одӣ ва табии мардумро помол карда истодаӣ.

Мисле, ки ту дар як олами дигар зиндагӣ дорӣ. Намебинӣ ки ҳатто Душанбе торикистон аст.

Ҳоло ту чи тавр пешвоӣ. Ту пешвои мардум нестӣ, ту пешвои оилаву авлод ва се чаҳор хокзану чоплуси бевиҷдон ҳастӣ.

Агар ту виҷдон дошта бошӣ дар ҳамин зимистон иҷозат медиҳӣ хонаҳои мардумро кадом як домсоз чапа кунад, куҷо раванд мардум?

Светро солбасол вазнин карда истодаӣ.

Соли гузашта назар ба имсол беҳтар, соли пеш аз гузашта назар ба соли гузашта беҳтар буд. Ту мардумро бараву гусфанду буз ҳисоб карда истодаӣ, ту мардумро хар ҳисоб карда истодаӣ? Дунё барои роҳату сабуки ва осонӣ талош дорад, ту бошӣ баракс, тавре карда истодаӣ ки бад ба бадтар табдил шавад.

Ту натавониста истодаӣ. Худат довталабона курсиро холӣ кун. Худат мегӯӣ ку-натонӣ курсиро холӣ кун. Ту натавониста истодаӣ.

Ман, ростӣ, хеле андеша мекунам, ки номусу шарафи милливу динии мо куҷо шуд? Мо даюси иҷтимоиву сиёсиву иқтисодӣ шудаем. Акнун дайюси дини солҳост,ки шомили онем. Моро маҷбур мекунад роҳро асфалт мекунем, моро маҷбур мекунад барои ҲХДТ   бино месозем, моро маҷбур мекунад….

Ин зулм дар давраи амирони манғит набуд. Ин аз манғитҳо ҳам гузаронд.

Оби гарм намеёбӣ, ки ғусл кунӣ, таҳорат кунӣ.

Тамоми ангишти Тоҷикистон ба дасти ин оила. Аз Ғарму Исфараву Масчоҳ Айниву Панҷекат конҳоро ин оила то Исмоили пингвин гирифтанад. Мусафеди масчоӣ ҳатто ду қопча ба хараш бор карда хонааш бурда наметавонд. Фароз гирифтагӣ. Ин чи рӯзи сиёҳ?

Э, СС. Ятимов, э Ҷеки Чан, э,Сумбулоғо, э Қофлонбой, (шарманда номашро дигар кардааст Раҷаббой буд Раҷаб шудааст, аз пайравии Қофлонбой гирифтааст. Хуб, дигар Қофлонбой неву Қофлонако мешавӣ, Раҷабако –Қофлонако) шумо ба ин пири аблаҳи аҳмақи золим як бор бигӯед, ки беҳад ноинсофӣ, бераҳмӣ ва ҷабр ба мардум шуда истодааст.

Мо бояд тардид ва шубҳа надошта бошем, ки неруи барқро фурӯхта истодааст. Имсол ба Толибон, аз тарси куни худаш чандин баробар содиротро зиёд кард ва ҳоло ба Сурхандарёи Узбекистон ҳам фурӯхта истодааст. Камшавии оби ҳавзи Норак дурӯғ аст.

Барқи Тоҷикистон ба халқи Тоҷикистон мерасад, агарки Раҳмонов нафурӯшад.

P.S Бе ягон шаку шубҳа қувваи барқ ба хориҷа, бахусус ба  Аморати исломии Афғонистон фурӯхта мешавад. Раҳмонов то пойи ҷон аз Толибон дар тарсу ҳарос аст. Барои ҳамин мехоҳад онҳоро харад ва дилашонро ба даст оварад. Гуё светро пораву ришва дода истодааст.

Тибқи хабарҳое, ки аз манотиқи гуногуни кишвар ба Ислоҳ мерасанд, баъд аз онки лимити светро то ду соат пойин овард, барои ҷилавгирӣ аз безобиташавӣ ва вуқӯи ҳар гуна вокуниши эҳтимолии мардум бригадаҳои ташвиқотӣ бо ширкати прокурор, милиса ва амният ташкил карда дар тамоми манотиқи кишвар бо мардум мулоқот баргузор карда истодааст. Масъала ва мавзӯъи асосӣ ҳамин коҳиши бесобиқаи қувваи барқ аст. Дар баъзе маҳалҳову манотиқ ҳатто началники милисаву прокурор ба мардум дурушту дағал гап зада ва таҳдид ҳам кардаанд, ки агар Пешво тамоман свет надиҳад ҳам хомуш бошед, ягон гапи ноҷову бекора назанед.

Ин ҳама фарёду дарди як инсон нест, ин садои ҳама миллат ва хонаводаҳоест, ки шабҳоро дар торикӣ ва зимистонҳоро дар бебарқӣ мегузаронанд, аммо аз даҳону минбарҳои ҳукумат фақат аз «рушд», «пешрафт» ва «ободонӣ» мешунаванд. Агар неруи барқ ба сокинони кишвар дода нашавад, балки ба хориҷи кишвар фурӯхта шавад бидуни шубҳа ин саркӯбшудан аст, пас ин на давлатдорӣ, балки тиҷорати сарнавишти миллат аст.

Мо аз ҳеҷ кас чизи ғайриимкон намепурсем. Барқе, ки бо маблағи имрӯзу дирӯзу фардои ҳамин мардум сохта шудааст, ҳаққи табиии ҳамин мардум аст. Магар чунин нест, ки кӯдаки тоҷик бо номи Пешво шеъру суруд талқин шавад, аммо шабона аз сардиву торикӣ меларзад. Магар дуруст нест, ки барои фермаҳои оила ва қасрҳои мансабдорон шабу рӯз свет бошад, аммо барои беморхонаю мактаб ва хонаи мардуми одӣ лимити таҳқиромез ҷорӣ гардад.

Агар имрӯз сокинони ноҳияҳои дурдаст, мисли ноҳияи Дӯстӣ, ҷуръат пайдо карда, дарди худро менависанду ба гӯши ҷомеа мерасонанд, маънояш он аст, ки сабр ба поён расидааст. Қудрате, ки аз шаъну шараф ва ҳаёти мардум шарм надорад, дер ё зуд аз ҳамин мардум ҷавоб мешунавад. Барқро метавон бурид, аммо норозигии дилҳоро наметавон хомӯш кард.

Яқинан, таги думи Раҳмонов тар аст. Барои ҳамин мардумро орому осуда доштанӣ аст. Аммо то кай?

Сообщение Раҳмонов халқро хар карда зин задааст появились сначала на ISLOH.net.