Архивы Вазири маориф - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№277
«Ва дар охир як факти ҷолиб. Дар як маҳфили дӯстона Ҳикматуллозода Абдуғаффо,раиси ноҳияи Рӯдакӣ ва дар гузашта муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон мегуяд «дхтари Ятимова дело оғоз кадеста бдм, Ятимов тел када зора кад,ки додари акаш и кора накн».Сипас як одами дар маҳфил шишта савол медиҳад,ки «дхтари и чи корай дело каданӣ бдиша? Дар ҷавоб Ҳикматуллозода мегуяд банкир аст духтари Ятимов»

Таъсири барномаи «Номаҳо аз…»

Нақшу таъсири барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро муаллифони он беш аз пеш эҳсос карда ва дида истодаанд. Мақомот дар пайи нашри номаҳои шикоятии мардум барои расидагӣ ва санҷиши он даст ба амал шуда, бархе аз камбудиҳоро доранд ислоҳ мекунанд. Барои ҳамин мо аз шумо, бародарону хоҳарони азиз хоҳиш мекунем, ки ҳарчи бештар аз камбду мушкилоти худ ба мо бинависед, то бо ҳам ин масъулинро водор созем, ки оби ишками худро биҷунбонанд ва дар пайи рафъи нуқсону мушкилот бошанд. Муаллифони номаи зер навиштаанд, ки баъди чопи шикояти онҳо дар «Ислоҳ» мушкли оби полезиашонро дар ноҳияи Рудакӣ ҳал намуданд, аммо дери дер:

Рӯдакӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Мо, аз шумо ташаккур мекунем, ки тавассути нашри арзу шикояти мо ба ҳалли мушкилоти мо кумак мекунед. Мо дар шумораҳои пешина дар бораи набуди об дар ҷамоатамон навишта будем.

Ҳама он чизе ки шумо дар барномаи Номаҳо аз ноҳияҳо, ки дар таърихи 24 август нашр кардед сад дар сад дуруст аст. Ман истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Чоргултеппа деҳаи Стаханов ҳастам ва инҷо мехохам каме бошад аз рӯзгори мардуми ин деҳа суҳбат кунам. Дар деҳаи мо мардум асосан ба зироаткорӣ машғуланд. Имсол бо шарофати раиси номуҳтарам тамоми мардуми деҳот натавонист як ҳосил зироат гирад. Сабаби нашудани зироат ҳамин раиси номуҳтарам мебошад

Чунки раис ба деҳқонони деҳаи Стаханов дар моҳи май, июн, июл умуман об надод. Сабаби об надодан дар он буд, ки обе, ки ба мо меояд аз ҷамоати деҳоти Зайнабобод, деҳаи Оли Сомон меояд, аз ҳамонҷо роҳи обро баст, то ки ба домсозҳо халал нарасонад. Мо чандин маротиба ба ҳукумати ноҳия ба пеши раиси ноҳия рафтем. Фақат як гап дошт, «ҳамин ҳафта ҳал мекунем» ваъдаи бардуруғ медод, аммо ягон дигаргунӣ нашуд. Чунки раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозодаи ғоратгар  аз мо деҳқонон ягон манфиате надорад. Вале  аз як домсоз 200 то 300 ҳазор доллари амрикои мегирад. Мо чандинбор ба деҳаи Оли Сомон рафтем, хостем обро кушоем, аммо ба мақсадамон нарасидем. Чунки   нозири минтақавӣ омада ошкоро мегуфт, ки супориши раис аст. Бо мегуфт, ки «фалони очаи ғармиё мебармтона статьяи салафӣ мезанмтона». Мо дигар  нахостем бо он нозири минтақавӣ баҳсу даъвао кунем. Чунки ҳамааш маълум шуда буд.

Вале, инак бо гузашти 3 моҳ дар таърихи 15- 20 август обро сар доданд. Аммо акнун об ба мо чи лозим аст дигар. Аввалаш инки мавсими обёрӣ дигар гузашт. Баъдан, мо пулро аз банк қарз гирифта зироаткорӣ карда будем (сер кай парвои гушна дорад ). Дар моҳи август ба мо об лозим нест. Он зироатҳои мо аз беобӣ ҳамааш қариб, ки ба нобудӣ расид. Ин ҳама ба шарофати раиси номуҳтарами ноҳияи Рудакӣ генерал Ҳикматуллозода Абдуғаффор. Ман ба ин раиси номӯҳтарам гуфтаниям барои манфиати худат ва як домсоз ризқи кудакони 40 -50 оиларо пеши по задӣ. Ман гуфтаниям бигузор ҳама мардуми Тоҷикистон фаҳманд. Ман ба президент ва командааш боварӣ надорам ва надоштам. Танҳо бовари ман ба худост. Аз худованди бузург талабам ин аст ки ҳолу рӯзи зиндагии моро рӯзе ба сари  Ҳикматуллозода Абдуғаффор биёрад ва бифаҳмад, ки зулм чи будааст ва тоқати онро мекунад ё на:

Чароғи зулми золим то дами маҳшар намесузад,

Агар сӯзад шабе сӯзад- шаби дигар намесӯзад.

Ҳамаи он суханҳое, ки Шумо дар барномаҳоятон қайд кардед 100 дар 100 дуруст ва дақиқ мебошад.

Ман боз мехоҳам оиди як масъала нависам. Аз рӯзе, ки ҳамин раиси ноҳияро ба ноҳияи мо мондаанд ноҳия ба як шаҳраки Ҳиндустон монанд шудааст. Дар зери ҳар як баландошёна то 1 мошин партов (мусор) ҷамъ шудааст. Аз бӯйи ғализи партов (мусор ) онҷоро убур кардан ғайриимкон аст. Бовар накунед, биёеду сари вақт бинед ва акс гиред (агар инсоф ва ору номус дошта бошед), дар вазифаи ишғолкардаатон содиқ бошед ва ба он савганде ёд кардед, содиқ бошед. Манзур аз навистанам ба кормандоне, ки дар нохунак амниятиҳо дахл дорад.

Агар ягон нафар тоқияшро ё дасташро дар намоз нодуруст монад дар ҳол бурда мерасонед, аммо ноҳияро ба як свалкаи  ( партовгоҳе,ки тонна мусорҳоро ҷамъоварӣ мекунанд) табдил додаед.

Хитоби ман ба СС Ятимов ин аст ки ин коргарони ношоистаатро ҳамашро иваз кун, ки ҳозир дар амнияти ноҳия кор карда истодаанд, ғайр аз бизнеси замин, дом бизнес ва миёнадароӣ кори дигаре намекунанд.

То онҷое шунидем ва огоҳ шудем Ҳикматуллозода Абдуғаффор бо С.С Ятимов хело як рафтуои хуб ҳам доштааст. Шояд аз ҳамин лиҳоз тири амниятиҳои ноҳия ба нишон намерасад.

Ва дар охир як факти ҷолиб. Дар як маҳфили дӯстона Ҳикматуллозода Абдуғаффор, раиси ноҳияи Рӯдакӣ ва дар гузашта муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон мегуяд «дхтари Ятимова дело оғоз кадеста бдм, Ятимов тел када зора кад, ки додари акаш и кора накн». Сипас як одами дар маҳфил шишта савол медиҳад, ки «дхтари и чи корай дело каданӣ бдиша? Дар ҷавоб Ҳикматуллозода мегуяд: «банкир аст духтари Ятимов»

Файзобод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Як хабари ҷолиб дорам бароятон. Шояд шумо ва хонандаҳои шумо бовар накунанд. Аммо аз шумо хоҳиш менамоям, ки ин навиштаро нашр кунед. Ин ҳодиса дар ҳақиқат рӯй дод.

Ҳудуди 20 рӯз пеш, дар аввалҳои моҳи август  дар ноҳияи Файзобод кормандони милисаи файзобод раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Саидзода Мубориз ва директори колеҷи муҳандисии ноҳияи Рашт Киромзода Зиёратро ҳангоми амалҳои қавми Лутро анҷом додан боздошт кардаанд. Онҳо дар ҷамъ ҳафт нафар будаанд ва ин ливотагарон хонаеро дар ноҳияи Файзобод ба иҷора гирифта ҷавононро пул медоданд ва ба онҳо корҳои қавми Лутро анҷом медодаанд.
Дар байни онҳо як корманди соҳаи маориф ҳам ҳаст, ки номашро намегирем.
Баъд аз ин ҳодисаи нангин кормандони милисаи ноҳияи Файзобод пул гирифта онҳоро озод кардаанд. Аз ҳама аҷибаш ин аст ки ин афрод дар вазифаи худ то ҳол кор мекунанд. Ин кадрҳо бо тавсия ва пешниҳоди Сайдализода Муродалӣ, сардори шӯъбаи амнияти ноҳияи Рашт ва Идизода Зарина  раиси ноҳияи Рашт ба кор гирифта шудаанд. Ва то ҳол ин афрод аз ҷониби Сайдализода Муродалӣ, раиси КДАМ ноҳияи Рашт ва Идизода Зарина пуштибонӣ мешаванд. Ин нафарон, яке масъули ҳизби Президент дар ноҳия ва дигаре мудири як муассисаи таълимӣ ҷавононро дар руҳияи ин амали нангин тарбия доранд.

Як бори дигар аз шумо хоҳиш менамоям, ки ин навиштро дар «Номаҳо…» чоп кунед, то бубинем, ки Раҳмонов ва мақомоташ ягон чораҷӯӣ мекунанд ё инки тарафдору пуштибонӣ ҳамин гуна корҳову ҳамин гуна кадрҳоянд?

Ҳамадонӣ

Ассалому алайкум бародари аз ватан дур дар қалбҳои мо наздик Муҳаммадиқболи Садриддин! Бародар ман ҳамроҳи модарам доимо шуморо тамошо ва гӯш мекунем. Ин номаро аз ноҳияи Ҳамадонӣ бароятон роҳӣ мекунам. Ҳар гоҳе Минбари муҳоҷир нашар нашавад модарам мепурсад, ки чи шуда бошад, хавотир мешавад. Мегӯяд, ки вақти барномаҳояш сообшеинй меомад,ин бор наомад. Баъд телефонро нигоҳ мекунӣ, ки сообшений бисёр аст, намефаҳмӣ, ки кай омадааст.Бародар Ҳусейн Ашуровро бисёр тамошо мекунем. Модарам мегӯяд, ки ҳозиро Ашӯров бармадро бас кардааст, чаро баромадҳои нав надорад, дар куҷо боша, мегӯяд, ки бигӯ бароянду суҳбат кунанд. Мо дар ҳақашон дуогӯем. Бародар Муҳаммадиқбол модари мо имрӯз бемор ҳастанд. Дар ҳақи мову модарам дуогӯ бошед.

Бародар мо чанд ҳолати дуздиҳои ноҳияамонро ба шумо гуфтем. Баъди нашри он нома бархе аз онҳо ба дигар районҳо повишенний рафтанд.

Бародар ман дар Русия чанд сол азоб кашида кор кардам, чунки кудаони хурдсол дорам. Барои ҳамин сумҳои кор кардаамро дар бонк монем, барои дохилшавии онҳо то гум нашаванд. Аммо мо сумҳоро дар дасти дуздҳо дода будаем. Соли дуҳазору шонздаҳ дар банки ноҳияи Ҳамадонӣ сум мондам, аммо то ҳозир меравам, раисаш мегӯяд,ки «ба худо ҳамаш тинҷ аст»

Мо дар як баромади президент шунида будем, ки гуфт сумҳоятонро дар таги болиштҳо нигоҳ надоред, дар банк гузоред, амонати шумо гум намешавад. Мо ҳамон сол бовар кардем, аммо, маълум мешавад, ки мо дар дасти дуздҳо додаем пулҳоямонро. То ҳозира меравем раиси бонк мегӯяд, ки сум нест. Номи раиси банк Шомуддин, номи бухгалтераш Эмомалӣ. Аввал гуфтанд, ки банк дар фурӯш аст. Фурӯшем суми ҳамаро бармегаронем. Ба ҳаромхӯрҳои кумитаи замин фурӯхтанд. Гуфтем раис сумҳоро кай медиҳӣ? Мегӯяд,ки сумро аз боло омаданду бурданд, раисро гутфем, ки аз қарздорҳоят бигиру сумҳои моро баргардон. Мегӯяд, ки «и сумо болода даркорай».

Бар падари болоят лаънат. Охир ту суми худи моро бидеҳ. Садҳазор сомонӣ буд пули пасандози ман дар бонк. Мегӯяд, ки «ака чко кунм,садта мактуб мекунм,бенатиҷай!»

Ин мактуби раис «дуокунӣ», як хелҳо барин,аз тори сараш дур намеравад. Номи ин бонк Агроинвестбонк мебошад. Бародар ҳоло мо дар муҳоҷират қарор дорем. Рафта ягон кор кардан даркор аст дигар тоқат надорем мо бо ин ҳукумати дузд.

Ҳамон ҳаромхури Фаррухи экология ҳоло  ҳам бо ҳар баҳона дар ҳар ҷамоат ҳамроҳи участковий аз мардум пул канда гаштааст. Агар доля надиҳӣ, мегӯяд, ки қонунро риоя кунед, агар надиҳӣ мегӯяд, ки иҷозат нест. Ҳама инҷоҳо ҷазир. Овози бензапиларо шуавад даррав қонун ба ёдаш мезанад, баъд сар мекунад:-«шашсад сум мара бте, сесад сум раисма бте».Раисаш дар Кулоб аст. Он раисаш мегуяд, намегӯяд, барои мо номаълум. Гуфтам,ки «раисат хешмай,туғриш мекнем, не мега, сума бте».Ин вирусҳо кай бас мекарда бошанд, ҳаромхуриро?

Бародар, дар паноҳи Худо бошӣ. Боз менависам.

Ваҳдат
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азиз Муҳаммадиқбол. Ин нома аз шаҳри Ваҳдат аст.

Дар бораи як духтур бо номи Ҷамшед Назиров аз ҷамоати Чуянгарон менависам. Солҳои пеш дар Ваҳдат ҳамчун главврач кор мекард. Ҳоло бошад дар Тангаӣ, як бемористони калон дар ихтиёраш ҳаст, ки бо ҳамроҳи фарзандонаш хуни мардумро мемаканд.

Ҷамшед духтури дил ва давления аст. Агар бемор дар дигар ҷо ЭКГ карда ба пеши Ҷамшед равад, қабул намекунад. Фармон медиҳад, ки «бра дар ЭКГ-и мо ташхис кун бад биё». Аммо ЭКГин духтур қимат аст-30 сомонӣ мегирад. Аммо бечора бемор илоҷ надорад, меравад мекунад. Баъди ташхис Ҷамшед доруҳои фирмаҳоро менависад, ки бениҳоят қимат аст. Аз рӯи фирмаҳо пул мегирад.

Яке аз беморон худи ман будам. Маро як моҳ табобат фармуд, беҳад гарон буд, доруҳояш, аммо ягон натиҷа надод. Баъд маро аз фирма занг зада пурсиданд, ки шумо бемори духтур Назиров Ҷамшед ҳастед, гуфтам бале. Гуфт мо аз ширкати дорухонаем. Пурсид, ки баъди табобат чи хел шудӣ? Ман валлоҳӣ ҷавоби дағал ва рост додам, ки ҳеҷ чи фоида накард». Ширкати дорухона телефонро кушт,дигар гап назад. Мақсад аз занг заданашон барои он буд,ки дар мо шаҳрвандон он доруҳоро экпримент ё таҷриба мекунанд. Мехоҳанд фаҳманд натиҷааш чихел ҳаст,то дигар ба ҳама фурӯшанд. Ин чи гуна соҳаи тиб ва назорату санҷиш ҳаст дар боло?

Назиров Ҷамшед як рецепт менависад, доруҳояш 2000 сомонӣ мешавад. Вале валлоҳ, ки ягон фоида намекунад. Чунки ин доруҳо аз ширкати дубликат аст, бизнес мекунад бо ҳамроҳи ширкатҳо. Боз маҷбур меунад,ки

«дар беморхонаи мо хоб кун, мо тра саҳат кунем». Агар хоб кунӣ пули 10 рӯзи палатаи беморхонааш 700 сомонӣ ҳақи худи духтур 1000 сомонӣ. Боз ба медсестра ва полшуякҳо ҳам пул медиҳӣ. Қасам ба Аллоҳ якбора аз зиқиро касл мешавӣ, ки «иқа пул расход кардум, шифо наёфтум».

Ин духтур ва ду бачааш хуни мардуми касалро мемаканд. Падари ман дар беморхонааш бистарӣ шуд. Ман бо чашмони худам ҳаромхуриашро дидам.

Маҷбур мекунад, ки массаж мегирӣ, парафин мекунӣ. Эҳ, нолиҷ мемонӣ, маҷбур мешавӣ, қарз мекунӣ, пули беморхонаро медиҳӣ, аммо натиҷа нест.

Ин Назиров Ҷамшед се зан дорад. Зани дуввумаш ҳамшираи шафқат- медсестра  аст. Азпули беморхонаи Ваҳдат катагӣ ва кибру ғурур карда мегарданд.

Назиров Хурсандӣ номи бародари калони духтур Ҷамшед аст. Ин Хурсандӣ  як барбар заминҳои Ваҳдатро аз они худ намуда мардумро за копеека кор мефармояд, боз дашном мекунаду дурушту дағал гап мезанад. Ин Хурсандиро аз боиси ҳаромхӯриаш дуъои мардум гирифт, бачаи калонаш вафот кард, чор сол пеш. Вай дар шаҳри Ваҳдат пеши «Шоми чашма» заводи томат дорад. Соф беваю сағираву камбағалҳо кор мекунанд дар ин заводаш. Рӯзи кори 60 сомонӣ медиҳад. Аз соати 7саҳар то 8 бегоҳ кор мефармояд. Директори завод духтараш аст. Ин хонасухтаҳо як ҳақоратҳо мекунанд, ба коргаронашон, илоҳо тавба.

Духтари Хурсандиро дар завод раиса гуфта ном мегиранд:  «ку папробит кун номша бигир ё аз дар дарояд пешаш нахез, очаи зорта нишон мета»

Ана ҳамин ҳолу рӯз аст дар Ваҳдати мо.

Ашт

Ассалому алайкум,домуллои азиз,Муҳаммадиқболи Садриддин. Раҳмат, ки навиштаи моро нашр намудед. Нашри мустақими «Номаҳо аз ноҳияҳо №270» ум шумораро дидем. Ба ман хеле писанд омад.

Баъди наши номаи мо дигаргунӣ ба амал омад. Ҳозир дар минтақа Ҳабибуллои нозири минтақа-участковий ба чашм наменамояд. Ҳамеша ба масҷид рафта меистод, дар масҷид ҳам нанамуд, ин ҳафта тамоман ғайбаш зад.

Нафари дигар, масъули танзим, ки Иноят ном дораду вай ҳам ҳамеша нахӯди пеши қошуқ буд, баъди нашри номаи мо дар Ислоҳ ба масҷид намеравад.

Ҳамааш дар ларза даромадаанд. Домулло ҳамаашро ба ларза даровардед. Худо хоҳад ки ин ҳама далолат аз он мекунад, ки пирӯзӣ наздик аст. Худо худаш рӯзи пирӯзиро медонад, вале дилам гувоҳӣ дода истодааст, ки қариб аст.

Ба масҷиди домулло Абдураҳим барои адои намоз мерафтам. Дар онҷо як мулло ҳаст Сулаймон ном дорад. Ин Сулаймон ҳамеша дар намозҳо пешво пешво гуфта мегардад. Ин одам ҳамин хел одами хушомадгӯ. Ҳамин ин дафъа пешво гӯяд хеста гап мезнам гуфта будам. Аммо ин ҳам ин дафъа, дар намози ҷумъа пешво гуфтагиаш не. Дар масъалаи таълиму тарбия, донишомӯзӣ ва илм гап зад. Пешворо ягон маротиба ба даҳанаш нагирифт. Ман дар бораи вай чанд сол пеш ба шумо навишта будам. Барои ҳамин ба он масҷид намерафтам. Масҷиди минтақаи худамон, ба хонаи ман наздик, масҷиди Муродбой Дар ҳаминҷо намоз мехондем. Барои ҳамин масҷиди пас ба нарафта ҳаминҷо намоз мехондам. Аз ҳаминҷо, баракс амният рафта мардумро ҷарима карданӣ шуд. Муллоро ҷарима карда буд, ки ту одамҳоро  ҷамъ карда намоз хонда истодаӣ. Мо рафта онҷо намоз мехондем. Амният моро, ман ва як рафиқамро бурда 1500 сомонӣ ҳар кадомамонро ҷудо-ҷудо ҷарима кард. Барои онки гапи муллои пешвопарастро нашунавем, намерафтем ба он масҷид.

Он амниятӣ, ки моро бурд, номашро Рустамзода гуфта буд. Акнун дар бораи мубориза домуллои азиз. Ман ҳамаашро дида истодаам бохабарам маблағ барои мубориза лозим. Ман бемаблағ не. Худо хоҳад 500 -1000 ҳар моҳ кумак карда метавонам.

Рӯдакӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол ва тамоми хонанда ва бинандагони Ислоҳ. Мехоҳам аз пешрафт ва натиҷаи кори барномаҳои «Ислоҳ» бигӯям.

«Ислоҳ» дар ҳақиқат ислоҳкунандаи кору аъмоли зишти золимон будаст. Шумо дар барномаи гузашта гуфта будед, ки боғчаи кудаконаи воқеъ дар ҷамоати Чоргултеппаи деҳаи Кармакс (Карл Маркс) қарор аст моҳи октябр дар доираи сафари президент ба истифода супорида шавад. Баъди нашри ин барнома ин боғчаро имрӯз дар таърихи 1сентябр ба истифода супориданд ва сафари Раҳмоновро мунтазир нашуданд. Ман якбори дигар бовар кардам, ки саҳми Шумо дар ҷомеа хело баланд шуда истодааст. Аз ин лиҳоз гуфтаниам, ки Шумо  ҳастед, ки лаҷоми ин золимҳоро мекашед.

Мехоҳам боз як нуктаро қайд кунам. Имрӯз таърихи 1сентябр шоҳиди ҳодисае шудам. Дар як синфхонаи синфи як, ки имсол ба мактаб омаданд 45 нафар талабаро ҷой кардаанд. 8 ё 10 синфи як ҳаст. Ба ҳисоби миёна дар як мактаб тақрибан 400 синфи якумхон таҳсил мекунад ва табиист, ки ҷо намерасад, шароит барои дарсхонӣ нест. Кудакон дар шароити вазнин, дар бадтарин ҳолат дарс мехонанд. Дар синфҳои болои аз 35 нафар ҳам бештар дар як синфхона талаба дарс мехонад. Дар чунин вазъият магар талаба ягон чи ёд мегирад? Дар маркази ноҳия аз солҳо пеш се мактаби амал мекард. Ҳоло ҳам ин мактабҳо ҳастанд, кор мекунанд. Аммо ин мактабҳоро дар замони шуравӣ барои аҳолии кам сохта буданд. Намедонем сарамонро ба куҷо занем, додамонро ба кӣ гуем? Магар вазири маориф аз ҳамин ҳолатҳо хабар дорад ё на? Агар хабар надошта бошад, вой бар ҳолаш. Вой бар ҳолатон, вазири маориф, ки аз чунин ҳолатҳо бехабар бошед. Мо фикр кардем ин вазири маориф ба монанди Нуриддин Ҷартиевичи бепарво нест,  каме бошад ҳам масъулиятро ҳис мекунад. Аммо, чизе дигаргун нашуда истоааст.

Хитоби мо ба вазири маорифи Тоҷикистон!

Муҳтарам вазир Саидзода Раҳимҷон Ҳамро шумо чанд рӯз пеш аз дасти Президент мукофот гирифтед. Хитоби мо истиқоматкунандагони ноҳияи Рӯдакӣ ба Шумо чунин аст: Агар ору номус дошта бошед, агар савганде, ки хурдед ва гуфтед дар охираш, ки ба ватанам содиқона хизмат мекунам, агар ҳамин суханҳо ҳақиқӣ бошад як бор ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар кунед сафари дуруст (омада саҳнаи сохтаро тамошо карда хурок хурда наравед ) аз рафти кори директорони мактабҳо бохабар шавед, санҷиши хизматӣ гузаронед

Боз хитоби мо ин аст ки он қонуну қоидаҳое, ки баровардед, назорат кунед, ки дар кадом минтақа иҷро шуда истодааст ё на, корбарӣ шуда истодааст, ё на? Манзурам ин аст, ки ҳамон қонуни Шумо дар бораи пулҷамкунӣ барои таъмири мактаб -синфхона баровардед, барои кӣ буд, ё ба раиси нохияи Рӯдакӣ Ҳикматуллозода Абдуғаффор дахл надорад ё ин ки Ҳикматуллозода Абдуғаффор ҳуқуқӣ дахлнопазирӣ дорад, ки ҷиянаш Убайдулло, директори гимназияи тоҷикӣ- русӣ ба номи А.С.Пушкин зиёда аз 400 хонандаи синфи 1 аз волидайнашон аз 5 то 7 ҳазор сомонӣ гирифта дар охир ба даст афтод. Боз дар рафти тафтишот Убайдулло, директори гимназияи тоҷикӣ- русӣ ба номи А.С.Пушкин гуфтааст, ки раис Ҳикматуллозода Абдуғаффор «мара гуфт ҷам кун мурдани пула».

Рӯзи 12 август Убайдулло, директори гимназияи тоҷикӣ- русӣ ба номи А.С.Пушкин қапида буданд. Аммо гап -гап аст ки Убайдулло бо дахолат ва ёрии Ҳикматуллозода Абдуғаффор озод шудааст. Баъди ин ҳодиса мо ба хулоса омадем, ки тамоми сохторҳои қудратии ноҳия дар назди Ҳикматуллозода ҳеҷ будаанд. Дар ҳақиқат генерал будааст.

Наход ҷиянашро барои гирифтани зиёда аз 200 ҳазор сомони пора қапанд аммо Ҳикматуллозода ба монанди човандоз, ки бузро аз дасти човандози дигар кашида мегирад кашида гирифт. Ҳикматуллозода аз дасти Сулаймон Султонзодаи Агентӣ кашида гирифт, ҷиянашро озод кард ва барои ҷиянаш ҳоло даводав дорад, ки  вазифаи нав диҳад. Дар ҷои кори пешини ҷиянаш -директори гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А.С.Пушкин як одами худашро овард ва худаш дар маросими шиносоии ин директори нав шахсан иштирок кард ва ба ҳамаи муаллимҳо таҳдид кард ва гуфт «яктата мефаҳмам кати ҳамин рост намегирен рост ай ҳамиҷа маҳкамтон мекнм». Охир ин раис чи имунитет дорад чунин гап мезанад ва чунин кор мекунад?

Директори ин муассисаи таълими як нафаре шуд, ки соли таваллудаш 1995 аст. Ку, бубинем, ки ин ҷавон чи гуна корро пеш мебарад, баъд дар борааш менависем.

Аммо инки раиси як ноҳия, собиқ як мақоми баланди ниҳоди ҳифзи қонуну тартибот ҷияни порахӯрашро аз ҷазо озод кард, чеҳра ва симои аслии Раҳмонов ва ҳукумати вайро нишон медиҳад.  Мардум ҳама мусибатҳое бар сарашон Ҳикматуллозода Абдуғаффор мекунад онро аз Раҳмонов мебинанду медонанд.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№277 появились сначала на ISLOH.net.

«Фабрика ва ё ҳамон фермаи ҷавоб» шакл ва равиши кори худро тағйир дода аст. Яке ду моҳи ахир бо ҷалби мақомоти давлатӣ дар навоҳӣ ситодҳои муқовимат бар алайҳи «Ислоҳ»-ро ташкил кардааст. Феълан ин ситодҳо дар дастгоҳҳои ҳукумати ноҳия ва шуъбаи маориф созмондеҳӣ шудаанд. Як бахши бузурге дар «Дастгоҳи иҷрояи президент ва Додситонии кулл ҳам амал мекунанд». Мо, ҳоло роҷеъ ноҳияи Шаҳристон, ки умдатан узбакзабон аст ва чанд гоҳи ахир сокинони он, муаллимҳо ва табибон дар барномаҳои онлайнии мо ширкат мекунанд, матлабе таҳия кардаем. Ин матлаб мебоист дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» мерафт, вале азбаски перомуни муҳтавои он гуфтаҳо зиёд шуданд, лозим донистем, ки бо шарҳу тавзеҳе онро алоҳида мунташир намоем.
«Мобилизатсия»!!!

алайҳи «Ислоҳ.ТВ» дар Шаҳристон

Қарор аст муаллимони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шаҳристон бар зидди «Ислоҳ» суҳбат карда ва дар барномаҳои онлайнии мо ширкат кунанд. Онҳо тавре бояд суҳбат намоянд, ки Муҳаммадиқболро ошуфта ва ба ғазаб оваранд. Ҳадафи асосӣ камранг ва беарзишу бетаъсир сохтани мухолифин ва баракс таърифу тавсифи Эмомалӣ Раҳмонов аст. Мақомот аз афзоиши рейтинг-эътибори сиёсиву иҷтимоии масъули Ислоҳ ба шиддат нигарон шуда эҳсоси хавфу хатар карда истодаанд.

Манбаъи “Ислоҳ” аз КДАМи марказӣ : Аз тарафи ҳукумати ноҳияи Шаҳристон супориш шудааст, ки дар санаи 6 сентябр омӯзгорони МТМУ№ 9 дар «Ислоҳ.ТВ» (3 омӯзгор) баромад карда дар бораи ободиву озодии ватан сухани худро баён кунад: «Дар ин мубориза директори муассиса иштирок доранд, бояд, ки дигар муаллимон аз директор омузад. Дирктори муассиса Худоёрова». Албатта номҳои ду нафараш назди мо маҳфӯз аст бо тамоми мушаххасот ва шахсияташон. Ҳангоми баромадашон пардабардорӣ хоҳем кард.

Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ»! Ҳоло иллати ҳуҷуми бархе аз омӯзгорону табибон ва шахсиятҳои алоҳидаи ноҳияи Шаҳристон ба барномаи «Минбари муҳоҷир»-и «Ислоҳ.ТВ» саддарсад дақиқ ва рӯшан шуд. Ҳукумати ин ноҳия як ситод ташкил кардааст.

Гуфта мешавад, ки ин ситод пилотӣ (пилотний проект) будааст ва агар муваффақ бишавад таҷриба ва кори онро дар навоҳии дигари ҷумҳурӣ ба роҳ мемонанд. Ин барномаи пилотӣ аз бюҷети ҷумҳурӣ хароҷот талаб намекунад. Кормандони он бо маоши вазифавие, ки доранд онро иҷро мекунанд. Дуруст аст ки дар Айнӣ ва Зафаробод ҳам айни ин барнома дар ҳоли иҷро аст аммо Шаҳристон ба унвони улгу ва намуна бояд истифода бишавад. Барои иҷрои ин кор як нафар аз бахши идеологии ҳукумати ноҳия-бахши робита бо ҷомеа ва як нафар аз шуъбаи маориф аз кори рӯзмараашон ҷудо шуда ба ҳамин кори ташили ситоди зидди “Ислоҳ” ва Муҳаммадиқбол масъул ва маъмур шудаанд. Умедашон ин аст ки кори «Фабрика ва ё фермаи ҷавоб»-ро минбаъд ҳамин ситод анҷом медиҳад.

Акнун маълум мешавад, ки чаро нависандаҳои ферма дар ин авохир камфаъолият шудаанд.

Ва, ҳоло дар бораи вазъияти яке аз мактабҳои миёнаи ноҳияи Шаҳристон, матлаберо аз қавли як сокини ин ноҳия пешкашатон мекунем:

«Ба мактаби №9 мебоист вазири маорифи Тоҷикистон меомад. Моро соати 5-и субҳ фарёд карданд. Муаллим ва муаллимаҳо гирду атроф, дохил, саҳнаи мактабро тозаву озода карданд, рӯфтанд, об зада ташрифи қудуми ҷаноби вазирро мунтазир истоданд.

Қофлонбой-Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд омад. Ӯ омад, аммо як сомонӣ ёрдам накард. Баракс, барои вай гусфанд куштем.100 сомонӣ аз ҳамаи омӯзгорон пул ҷамъ карданд. Пеши вай дастурхон кушодаву аз кадом ҷойҳое катҳоро оварданд.

Раҷаббой Аҳмадзода ваъда карда буд, ки доскаи электронӣ туҳфа мекунд. Аммо ҳатто каробкаашро наовард.

Қофлонбой бо як намуд мошинҳое омад, ки хиёл кардем мошин неву самолёт аст.  Мошинҳое, ки аз хона калон. Бо телехҳояш омад. Фаромаду як ин тарафу он тарафашро нигоҳ карду «ҳа сохтисоден мӣ,сохтан гитон гуфт» ва бо ҳамин тамом, тарафи ҷойи «ташкилӣ» хурданиба рафт.

Вале дар Фейсбук дидам, ки навишта истодаанд Раҷаббой ба муассисаи таълими № 9 Шаҳристон омад ва барои ин муассиса ин қадар сомонӣ ҷудо кард. Ин навиштаҳо комилан дурӯғ аст ва ин дурӯғгӯҳо дуруғро ба мардум нишон дода истодаанд. Дар сомонаи раиси вилоят гуфта шудааст, ки барои бунёди ин мактаб 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки « бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва саҳмгузории соҳибкорону сокинон бунёди синфхонаҳои иловагӣ ҷараён дошта сохта мешавад.»

Аммо, ин дурӯғи маҳз аст.

Бинобар маълумоте, ки мо дорем,аз тарафи ҳукумати ноҳия барои сохтмони ин мактаб дар аввал 500 ва дуюмбора 50 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Аммо он сумҳо ба мо нарасид. Ба ин суву ба он су мекашанду дар охир дирам карда меоранд. Маълум не, ки ин роҳбар аст ё кадом раҳзану дузд. Муҳосиби мактаб мегуяд, ин қадар хурда истодааст, ки дар гуфтан дуруст намеояд. Инҳо ин қадар мехуранд. Фақат ишкамҳояшон калон шуда истодааст. Ягон рӯз ишкамҳояшон мекафад.

Акрамзода Баҳодур, раиси ноҳияи Шаҳристон, Маликов, сардори Раёсати молия дуздони асосианд. Мо намедонем ин пулҳо куҷо рафта истодааст.

Бинои мактаби мо куҳна буд. 20синфхонаро вайрон карда дар ҷои он 10 синфхонаи нав сохта истодаанд. Ин 20 синфхона вақти шуравӣ сохта шуда буд. Сохти тарҳи бино ба шакли ҳарфи «Т» буд. Ин «Т»-ро кала ва як почаашро вайрон кардем. Яъне  20 синфхона бо ҳашари мардум тахриб гардид. Аз даруни ин 20 синфхона масолеҳи сохтмонии зиёд, махсусан тахтаҳои зиёд баромад. Ҳамаи тахтаҳо дар ҳолати корӣ қарор доштанд, чунки тахтаҳои «российский» буданд. Мо гуфтем, ки ин ҳама тахтаҳоро истифода мебарему хеле муассиса харҷаш камтар мешавд. Чунки зарурати хариди тахта барои фарш ва боми мактаб намемонад, чунки бисёр буд. Баҳузур мерасид. Мо мардҳо ҳамаи тахтаҳоро ҷудо кардаем. Тахта шифер, хишт ва хокро ҷудо карда мондем.

Аммо раиси ноҳия, ҷамоат, директори мактаб ин ҳамаро фурӯхта тамом карданд. Мактаби пешина калон буд. Масолеҳи сохтмонии беруномада аз мактаби пешина ки ҳамааш маҳсулоти шуравӣ буд сифати хуб дошт, агарчи  куҳна буд вале истифода бурда мешуд. Тахтаҳои аз СССР монда дар асл  ягон зарра айб надоштанд. Тахтаҳои боқувват ва паҳнбару ғафс буданд. Ҳамаашро фурухтанд. Директор ҳама чизро фурухта тамом кард. Мактабро 100% аз ҳисоби мардум сохта истодааст. Ҳоло боз аз ҳар оила 1000 сомонӣ ҷамъ карданд. Муҳоҷирони кории дар Русия бударо ҳам руихат карда аз зар кадоми онҳо 2000 сомонӣ гирифтанд.

Як кори дигари дар ин мактаб воқеъафторо бароятон мегуям.

Подвал-таҳхонаи мактабро муаллимаҳо сохтанд. Дар ягон давлати дунё ин кор нашудааст. Занҳо муаллимаҳои мактаб подвалро канда хоку регашро бо занбару ароба бароварда сутунҳои сементиву арматурро ҷо карда сохтанд. Бепул, ройгон.

Албатта занҳо кор мекунанд. Аммо зани омузгор дар куҷо подвали мактаб сохтааст? Ин чи давлат аст? Агар давлат як муассиса сохта натавонад, барои  чи омада мактаби мардумро вайрон кард? Бигзор, куҳна ҳам буд, меистод. Дар Данғара пул ёфта чандин донишгоҳу коллеҷҳоро сохта тавонист, чаро як мактаби одиро ба мо сохта намедиҳад? Бояд мактабро давлат созад. Аммо гуфтанием, ки агар ёрӣ карда натавонистӣ зиён ҳам нарасон.

Аз ин тараф мебиёянду мехуранд аз он тараф мебиёянду мехуранд. То кай мехуред? То кай мардумро ин қадар азоб медиҳад?

Бародар, ман ин маълумотҳоро фиристодам ки ҳақиқати ҳол ошкор шавад. Ва ин дуруғчиҳо баромада дурӯғ-дурӯғ таъриф накунанд

Ман дар ҳамин мактаб муаллим ҳастам. Журнал пулакӣ-35 сомонӣ. Аз талабаҳо ҷамъ мекунем. Сари талаба 2 сомонӣ. Пул барои суғурта ҷамъ карда мешавад. Роҳбарони синф аз талабаҳо пул ҷамъ мекунанд: таъмири синф, таъмири мактаб, фалончӣ- 20 сомонӣ фалончӣ 5,10 сомонӣ ва ғайра. Руихат доранд роҳбаони синфҳо. Аз ҳама нороҳаткунанда ва нафратовар ин ҷамъоварии пули китоб аст. Ягон китоб бепул нест. Китобҳоро ба хонанда иҷора медиҳем. Як китоб то се сол ба иҷора дода мешавад. Баъди се сол ройгон аст. Аммо ин хел нест. Китобҳое ҳаст, ки шалақи шалақанд ва аз се сол зиёд истифода шудаанд. Аммо ҳамонҳо ҳам пулакӣ-1 сомонӣ. Боз такрор мекунам, ки ягон китоб бепул нест. Аз хонандаҳо соле нест, ки 25 ё 30 сомонӣ барои обуна нагиранд. Таъмири мактаб мешавад, намешавад, ҳатман пул мегиранд-40 сомонӣ. Ягон нафар аз телевизиони вилоят ояд 5 сомонӣ, аз телевизиони республика ояд 10 сомонӣ, ягон артист меояду консерт мекунад: даҳ сомонӣ. Ҳақонӣ мардум монда шудаанд. Хонандаро мехезонӣ, мегуяд пулам нест. Намедонӣ чи кор кунӣ. Падару модараш надорад. Баъзеҳо чор- панҷ бачаи мактабхон дорад, кор нест. Ё падар ё модар дар муҳоҷират. Пул фиристад медиҳанд, нафиристад додан наметавонад. Боз ятиму нимятим ҳо ҳастанд. Бояд эҳтиёт бошӣ. Аммо ин тавр нест. Барои бӯр пул ҷамъ мекунем. Маҷбур мекунанд: моро директор, директорро мудири маориф, мудирро раиси ноҳия ва расиро аз боло. Аз шуъбаи маориф занг задан мегиранд: канӣ пули китоб, канӣ пули суғурта, канӣ пули ….

Яке аз омӯзгорони ноҳия аз «Минбари муҳоҷир» мегуфт хуроки хонандаҳо аз тарафи давлат дода мешавад. Аз тарафи давлат ягон чи намедиҳанд. Аз падару модар пул ҷамъ мекунад, пули орд, пули нон, пули картошка, сабзиву пиёз, пули повур. Аз деҳаҳо металабанд. Хонандаҳоро водор месозем, ки10 килоӣ сабзӣ, пиёз, картошка биоваранд. Ана ин аст аст аҳвол, мана ин аст ободӣ.

Дар деҳаамон мо пул надорем. Пулро вақти шуравӣ сохта буданд, сел гирифту бурд. 30 сол мешавад пул надорем. Ин чи тараққиву ин чи ободӣ аст, ки бархе аз чоплусон баромада гап мезананд.

Ҳоло, мо муаллимҳоро маҷбур карда истодаанд, ки бо дар барномаи «Минбари муҳоҷир» иштирок карда дар бораи ободӣ гап занем, таъриф кунем.

200 адад страпил буд. Ин 200 ададро гирифта бурданд. Мо мактабро бо ҳашар сохта истодаем. 200то тахтаро бурда 63 то гашта оварданд. Боқиашро дуздиданд. Раиси ноҳия тахтаҳоро дуздид. Боз пул ҷамъ карда харидем.

Раиси КГБ  Кенҷаев Дилшод маҷлис карду гуфт, ки агар бо Муҳаммадиқбол гап мезанетон подвал мефарорам. Чаро подвал мефарорад, подвал чи хел ҷой аст, мо намедонем.

Дар «Минбари муҳоҷир» чанд шаҳристонӣ, асосан муаллимҳо, гап заданд. Бовар кунед, ки  ягонтои онҳо бо хоҳиши худ гап задагӣ нестанд. Маҷбур кардагӣ ҳамаашонро ва боз дар наздашон меистанду гапашон нишон метиянд,ки инхел гу онхел гу. Агар диққат диҳед садоҳоро худатон мешунавед чашмонашон ҳатто ба сӯйи он барашон будагиҳо мегардад борҳо.

Беш аз бист кас дар барномаҳои «Минбари муҳоҷир» суҳбат кард. Аммо, ба худо қасам ягонтои онҳо ҳарфи ростро нагуфтанд. Ҳақиқатро, воқеиятро пинҳон доштанд. Балки дуруғи рӯирост гуфтанд. Мутаассифона одамҳо то ба ин ҳад тарсончак шудаанд. Одамони калонсол баромада дуруғ гуфта истоданд. Чунки онҳоро маҷбур карда истодаанд. Ҳар касеро ягон ҷойи сустиашро ёфта бо он таҳдид мекунанд. Яке чанд сотих бештар замин дорад, яке як дукон ё чойхона дорад, яке фарзандаш ба сини даъвати аскарӣ расидааст.

Ҳамин ҳодисаи дар деҳаи Лакат рух додаро бинед, ки чи тобишҳое дода истодаанд.

Магар ҳукумат, магар органи давлатӣ, магар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин гапро мегуяд?

Духтар бо он ҷавон мегаштааст ва барои онки он ҷавонро биқапанд духтарро приманка кардаанд. Ин кор на аз лиҳози қонун ва на аз лиҳози ахлоқ иҷозат аст.

Ин шеваи кори милиса не, ин кори дуздону авбошону дигарҳо ҳаст. Давлат ҳамин хел кор мекунад? Обруву иззат ва эътибору ҳайсияти шаҳрванд ва худи давлат куҷо меравад?

Дар деҳаи мо бист хоҷагӣ аз як крани хурд об мегиранд, таъмин карда наметавонад. Як соат об медиҳад. Мо лалмӣ шудем .Ин куҷояш пешравӣ аст? Об фақат барои хурдан нест, ҷомашуӣ ҳаст, оббозӣ ҳаст. Об надорем. Ин чи ободӣ аст,ин чи пешравӣ, ин чи истиқлол аст. Мо шароити минималии зиндагӣ  надорем.

Ман шахсан худам аз вуҷуди шабакаи «Ислоҳ» як моҳ пештар дарак ёфтам. Хурсанд шудам, ки одамони ҳақгӯ ҳоло ҳастанд, дунё холӣ нест. Ман дар бораи шумо ба тамоми шиносҳоям гуфтам. Ҳозир ҳама бо хонаводаҳо тамошо мекунем. Ин муаллимҳои бечораро маҷбур мекунанд, ки таъриф кунанд.

Моро дуруя карда истодаанд, дуруғгу карда истодаанд. Бо яке аз ин омузгорҳо суҳбат кардам. Гуфт напурс: Ман аз Ислоҳу Муҳаммадиқбол дарак надоштам. Маҷбур карда бурданд. Баъди барнома боз маро дашном карданд, ки гап зада натавонистӣ, чи ба тарафи мо нигоҳ кардӣ, бояд ба камера нигоҳ карда гап мезадӣ. Акнун худам ҳар барномаи Ислоҳро тамошо мекунам, худо умрашро дароз кунад. Ҳамаи гапҳояш рост аст. Ҳаёту ҳақиқатро, кӣ будани ин ҳукумат ва Раҳмоновро мефаҳмед.

Аммо, баъзе аз омузгорон метарсанд, ки бинанд. Мегуянд,ки мабодое нақападамон.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ин нафаре, ки дар барномаи «Минбари муҳоҷир» баромада гап зад дар бахши идеологияи ҳукумати Шаҳристон кор мекунад. Ҳар рӯз мисли мушу каламуш аз пайи шумо аст: кӣ мебинад, кӣ даромада аст, кӣ гапҳоро мебарорад. Тамоми баромадҳои омузгорони Шаҳристонро ҳамин бача ташкил карда истодааст. Баъзе аз ин омузгорҳо тамоман интернет ва Ютубро намефаҳманд намедонанд.Ҳамин Авлиёқулов Уктам,ки дар барномаатон гап зад, маълум буд,ки чизеро намефаҳмид. Шумо савол додед, ки ба чи хел Ютуб  дохил мешавӣ, чизе ҷавоб дода натавонист.

Ҳоло он бачаи бахши идеология санаи баромади муаллимҳоро пешакӣ  таъин карда аст.

«Дар ҳар мактаб бояд се, чор омузгор пешакӣ омода шавад. Фалон мактаб дар фалон рӯз ва фалончиҳо бояд гап зананд. Фалончиҳо бояд пеши ман оянд дар ҳамон рӯз. Ман таъин мекунам, мефаҳмонам, ту даромада Муҳаммадиқбол қатӣ гап мезанӣ. Чизе гуяд ҳам тоқат мекунӣ, ба ғазаб намеоӣ,ҳ ақорат намекунӣ».

Ба муаллимҳо ана ҳамин хел условия монда истодааст: «Агар сарпечӣ кардӣ маошата намегирӣ, маошат гардонида мешад. Ин супориш аз боло. Дар ягон ҷо арзу шикоят карда наметавонӣ. Инро худи Ҷаноб гуфтагӣ».

Он омӯзгорони бечора аз кадом қишлоқ омада ними шаб пеши вай мешинанд, ё дар ҳукумат ё дар маориф. Уктам Авлиёқулов дар бинои маориф бо шумо гап зада буд. Ҳамон банери пушти Авлиёқулов дар бинои маориф аст, ҳама шинохт.

Хулоса, бародар Муҳаммадиқбол вазири маориф ба деҳаи мо наомад. Мо соати панҷуним рафта будем.

Ҷаноби вазир дар Шаҳристон як истироҳатгоҳе ҳаст, ки дар  миёни мардум бо номи «чехиски» маъурф аст. Онҷо Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ, Озода ва камтар дигар тараф Амонулло Ҳукумов дачаҳо доранд. Ман намедонаму аммо одамҳое, ки сафар кардаву дидаанд гуфтанд, ки вақте онҷо мефароӣ, гумон мекунеӣ, ки Швейцария омада бошӣ. Беҳуда ҷаноб Тоҷикистон биҳишти рӯи замин намегуяд. Вазири маориф ба ҳамон дачаҳо рафтаву истироҳат кардааст. Омадани ӯ ба мактаби мо «отказ» шудааст.

Мардум умедвор буд, ки як бор вазир омада аҳволро бинад, аз тарафи давлат ёрдам расонад. Ягон чизи зарурӣ ба мактаб туҳфа кунд ё инки маблағ ҷудо кунад, хуллас ягон фоидааш расад. Аммо фаҳмидем,ки барои вай «дамгирӣ» аз мактаб муҳимтар будааст.

P.S

Ду рӯзи пеш мудирони мактаб ва муовинини онҳо оид ба таълим ва тарбияро таъҷилан ба ҳукумати ноҳия барои маҷлис даъват карданд. Мераванд. Масъала ва мавзуъ якто: «Ислоҳ», «Минбари муҳоҷир» ва Муҳаммадиқболи Садриддин.

Акрамзода Баҳодур, раиси ноҳия гап мезанад, дасту пояш меларзад, сухан аз даҳонаш гум мешавад. «Инҳо ҳамааш дуруғ мегуянд. Инҳо душманони Пешвои моянд. Инҳо хоинонанд. Бовар накунед, Инҳо террористанд». Тамоми ду соат зиёд гапи задигаиш ҳамин мазмун дошт.

Сардори амният Кенҷаев Дилшод гап зад: «Мо, меёбем, ки кӣ бо Муҳаммадиқбол «связ» дорад, гапҳоро ба вай мерасонад. Ягон кас бо шумо связ накунад. Шумо гуед,ки ҳама чиз хуб аст, ҳама чиз олӣ аст. Ҷаноби Олиро таъриф кунед. Ободиҳоро гуед».

Сардори амният директорҳоро хезонду гуфт, ки шумо бояд талабаҳо, муаллимҳо ва мардумро противи Муҳаммадиқбол кунед, Домкомҳоро фаҳмонед, ки дар маҳалҳо ба мардум фаҳмонанд, ки Муҳаммадиҷбол Ислоҳ инҳо террористанд, тамошо накунанд. Бо мардум суҳбат гузаронед.

Бародар Муҳаммадиқбол! Бахудо қасам рост мегуям. То ҳамин як моҳ, якуним моҳи пеш мардуми деҳаи мо аслан шуморо намедониистанд, намешинохтанд. Касе намедонист, касе намешинохтатон.Аммо имрӯз дар мактаб ҳама мешносад, Талабҳо дар бораи Ислоҳ ва шумо гап мезананд. Дар забони ҳама  Шаҳристониҳо «Ислоҳ.ТВ» ва «Минбари муҳоҷир» ва номи Шумо.

Ман дар бораи муллоҳо ва имомхатиб Абдувосит баъдтар менависам. Аммо як чизро фаҳмед, ки ин муллоҳоро амният шин гуяд мешинад, рав гуяд мераванд, хоб рав гуяд, дар вақти мавъизаашон бошад ҳам, дар сари минбари масҷид бошанд ҳам, чашмонашонро мепушонанд, «хоб» мераванд. Аммо ҷавонҳо аз дидани «Ислоҳ» чашмашон бедор шуд,

тамошо карда истодаанд. Бовар кунед,соати 8 маҷлис сар шуду соати 13.00 тамом шуд.

Раиси ноҳия гуфт,ки Муҳаммадиқбол айб ва камбудӣ наёфта истодааст дар бораи пули формаи мактабу буру журнал гап зада истодааст. Проблемаи буру журнал проблемаи калон нест. Аммо амният таҳдид кард, ки мо меёбем одамони бо «Ислоҳ» робита ва маълумотҳоро мерасонидаро. Гуфт, ки касе бо Муҳаммадиқбол алоқа дорад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

Аз як чети дунё ин қадар тарсонидед инҳоя  пеши ваёба биёен чи?

Сообщение   «Фабрика ва ё ҳамон фермаи ҷавоб» шакл ва равиши кори худро тағйир дода аст. Яке ду моҳи ахир бо ҷалби мақомоти давлатӣ дар навоҳӣ ситодҳои муқовимат бар алайҳи «Ислоҳ»-ро ташкил кардааст. Феълан ин ситодҳо дар дастгоҳҳои ҳукумати ноҳия ва шуъбаи маориф созмондеҳӣ шудаанд. Як бахши бузурге дар «Дастгоҳи иҷрояи президент ва Додситонии кулл ҳам амал мекунанд». Мо, ҳоло роҷеъ ноҳияи Шаҳристон, ки умдатан узбакзабон аст ва чанд гоҳи ахир сокинони он, муаллимҳо ва табибон дар барномаҳои онлайнии мо ширкат мекунанд, матлабе таҳия кардаем. Ин матлаб мебоист дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» мерафт, вале азбаски перомуни муҳтавои он гуфтаҳо зиёд шуданд, лозим донистем, ки бо шарҳу тавзеҳе онро алоҳида мунташир намоем. появились сначала на ISLOH.net.

Вазорати маорифу дуздони он киҳоянд?
(бахши аввал)

Салому алейкум кормандони Пойгоҳи мардумии Ислоҳ.нет. Дар бораи  як донишкада ва низоми даромади соҳаи маориф маълумоти зиёд дар дасти мост. Мо хостем ин маълумотро ба бахшҳои гуногун тақсим кунему як-як ба шумо ирсол намоем,то ҳама донанд,ки чи гӯна фасод ва ришва дар ин вазорат ниҳодина шудаасту ин соҳаро фалаҷ кардааст.

Бахши аввалро ба даромади ғайриқонунии кормандони соҳаи маориф аз худи вазорат, то донишгоҳу макотиби миёна ихтисос додем. Роҳҳои асосии даромади вазорат бештар аз се чиз аст: вазифафурӯшӣ, грантфурушӣ ва интиқолу барқарори муҳассилин.

вазифафурушӣ: Мавриди таъкид аст ки шуморе аз кормандон   бе додани маблағу тағобозӣ ба вазифаҳо таъйин мегарданд, аммо ин як дарсадии хеле камро ташкил медиҳад. Феълан таъйини муовинони ректору деканҳо дар донишгоҳҳо, мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳо ва ҳамин тавр то поинтарин сатҳи ин соҳа дар салоҳияти вазорати маориф аст. Масалан декани факултет, бо фармони ректору тасдиқи вазир таъйин мешавад. Нархи ин вазифа (стартовий сена) аз 5 ҳазор доллар сар мешвад, дар баъзе ҳолатҳои ками дар кам ба се ҳазор доллар ҳам гирифтаанд. Нархи вазифаи деканӣ аз донишгоҳу ихтисосҳои дохили факултет вобастааст. Агар декани факултети ҳуқуқшиносӣ ва он ҳам дар Донишгоҳи миллӣ  бошад аз 30 ҳазор доллар сар мешвад. Зеро дар Донишгоҳи миллӣ интиқолу барқарор аз 500 доллар, ҷавобдиҳии моҳона аз 500 сомонӣ, баҳои рейтингу имтиҳон то 100 доллар, госэкзамен аз ҳазор сомонӣ боло сар мешавад ва ин факултет нархаш хеле гарон аст нисбат ба дигар ихтисосу дигар донишгоҳҳо. Муовинони ректорон бошад аз 7 то 12 ҳазор доллар ва болотар шурӯъ мешавад. Як ректори донишгоҳ ба таври маъмулӣ 5 муовин дорад. Муовини ректор оид ба: таълим, тарбия, илм ва иноватсия, робитаҳои хориҷӣ, хоҷагидорӣ. Ин вобаста ба кадом муовин таъйин шудан аст. Масалан нисбат ба дигар муовинҳо муовини ректор оид ба таълим, ки аз тарафи вазири маориф таъйин мегардад даромади бештар дорад ва муовини якум ҳам ба ҳисоб меравад. Раиси комиссияи интиқолу барқарор аст, тамоми баҳои донишҷӯёнро ӯ ҷамъбаст мекунад, нақшаи таълимӣ, иҷозати аз андозаи муқаррарӣ зиёд гирифтани соати дарсӣ, иваз кардани омӯзгорони фанҳо, иштироки донишҷӯёну омӯзгорон дар дарс, аз реферат ё кори курсию таҷрибаи таълимӣ гузаштан ва садҳо чизи дигар охираш дар дасти муовини ректор оид ба таълим аст, ки ҳамаи ин нарх ва ё даромади худашро дорад. Бинобар ин, нархи муовини аввал болотар аст. Ҳамин хел муовини ректор оид ба хоҷагидорӣ ҳам ба истилоҳ вазифаи равғанист. Агарчи охирон муовин ҳаст вале бо сабабе, ки тамоми корҳои таъмириву ободонӣ дар дасти уст, “даромади нағз” дорад. Масалан барои хариди маҳсулот меравад, бо соҳиби мағоза маслиҳат мекунад, ки ман аз ту миқдори 10 ҳазор сомонӣ харид мекунам ва ту 10 ё 15 % арзонтар медиҳиву аммо дар счетфактура  нархи аслиро менависӣ, тоҷирҳо ҳам розӣ мешаванд. Шояд аз 15 % фоида 2 ё 3 фоизашро дар роҳ сарф кунад, аммо дигараш дар кисса.

Мансабгирҳои соҳа ба маҳзи касби ин даромадҳо вазифаро аз ректор ё вазири маориф мехаранду дигар фақат дар фикри  дуздиву ҳаромхурӣ. Инҷо мешавад даҳҳо мисоли мушаххас овард, аммо феълан бо ҳамин нуктаҳо иктифо мекунем.

2.Грантфурушӣ: барои рушди қисматҳои гуногуни соҳаи маорифи кишвар грант ё ҳамон сармоягузориҳо аз кишварҳои хориҷ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ пулҳои ниҳоят калон ҷудо мешвад. Ин пулҳо аввал ба вазорати маориф меоянд, вазорат дар асоси талабот бояд комиссия ташкил кунаду лоиҳаҳое, ки аз тарафи донишкадаҳо ё шахсони алоҳида  таҳия мешванд бо баргузории як озмун онҳоро мавриди омузиш қарор диҳад. Агар кадоме аз ин лоиҳаҳо аз тарафи комиссияи мустақил бештар тарафдор пайдо карду барои пешрафти соҳа беҳтарин муаррифӣ гардид, пул бояд ба он ҷудо карда шавад. Аммо ин дар рӯи коғазу дар хоби шабҳо мемонаду дар вазорат музояда баргузор мешавад, ки соҳиби кадом лоиҳа чанд фоизашро ба вазоратиҳо медиҳад, ё тағои касе зуртар бошад ҳамон мегирад. Дар вазорат ва донишгоҳҳо сохтори махсус оиди грантҳои хориҷӣ амал мекунад, ки инҳо бо ҳам робитаи “корӣ” ё ҳамон доду гирифт доранд. Барои ҷудо кардани як грант аз 20 то 50 фоизаш аз они вазорати маориф мешвад. Ва ин, аз вазир то коргарони раёсати грантҳо тақсим мешвад. Фоизи боқимондаи он дар лоиҳа ва киссаи раёсати донишгоҳ тақсим мешавад. Масалан соли 2019 барои як лоиҳа, ки ба донишкадаи забонҳо (он вақт донишкада ду лоиҳа барои пешниҳод дошт, яке оиди баланд бардоштани касбияти донишҷӯдухтарон ва дигар оиди таъмини таҷҳизоти техникӣ. Ростӣ дақиқ намедонам барои кадоме аз ин ду буд, ки  400 ҳазор доллар ҷудо шуда буд. Он вақт мудири бахши грантҳои хориҷӣ дар донишкадаи забонҳо Ғафуров Зоир буд, ки тибқи маълумоти мо ӯро аз фоидаи лоиҳа берун карданду кор миёни се -чор нафари раёсати донишкада (ректор Раҷабзода М., сармуҳосиб Гулов Саидориф, муовини ректор оиди хоҷагидорӣ Назруллоеав А. ва як нафари дигар ҳал шуд. Аз ин маблағ танҳо хобгоҳи донишкадаро, ки аз 6 ошёна иборат аст, таъмир карданду як ду мизу курсӣ ҳам то ҷое шунидам ба донишкада оварданд, ки барои ҳисобот намоён бошаду бо ҳамин халос. Тамоми харид то ҷое, ки мо дидем тахминан ҳудуди зиёдтар аз 100 ҳазор долар ҳаст. Боқӣ дар қиссаи масъулини вазорату донишкада.

3.Интиқолу барқарории донишҷӯён: ин яке аз сердаромадтарин роҳ аст, ки ҳам кормандони вазорат ва ҳам кормандони донишгоҳҳо аз он даромади муфтро соҳиб шудаанд. Интиқоли донишҷӯ аз як ихтисос ба дигар ихтисос ё аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар сурат мегирад. Тибқи қонунгузории соҳаи маориф донишҷӯ то курси 3 ҳақ дорад аз як ихтисос ба дигар исхтисос интиқол гирад, чӣ он дар дохили як донишгоҳ ё берун аз он, фақат барои ихтисоси мегузашта аз фанҳое, ки нахондаеду донишҷӯёни он ихтисос хондаанд фарқият (имтиҳон аз он фанҳо) месупоред ва инчунин розигии ду донишгоҳу маориф зарур аст. Агар ихтисосҳо дар дохили як донишгоҳ бошад ҳамаашро ректор, муовинаш оид ба таълим ва декан ҳал мекунад, ки ҳар кадоми онро бояд “розӣ” гардонӣ. Агар ихтисосҳо аз ҳам фарқи зиёд дошта бошанд иҷозатномаи вазорати маориф ҳам болои он зам мешавад, ки онро алоҳида харидан даркор ва вобаста ба ихтисоси мегузаштаат аз 500 сомонӣ то ҳазору ду ҳазор доллар нарх доранд.

Агар донишҷӯ аз хориҷ ба донишгоҳи дохили кишвар интиқол ёбад барои ӯ варақаи баробарарзишӣ зарур аст, ки аз вазорат бо 200 долар гирифта мешавад. Ингуна интиқолу барқарориҳо ба воситаи вазорат дар соле аз тарафи ҳазорҳо донишҷӯ сурат мегирад, ки садҳо ҳазор доллар даромади муфт дорад.

Як пункти дигар дар китоби мактаби олӣ ҳаст: “агар дар ҳолатҳое, ки кори интиқол, барқарор ё дохилшавии донишҷӯ аз рӯи қонун (низомнома) манъ шавад, ба таври истисноӣ бо иҷозати вазорати маориф имконпазир мегардад”.

Ин банд роҳи дуздии вазорати маорифро бозтар кардааст. Масалан соли 2019 мушовараи вазорати маориф донишҷӯёнеро, ки дар зинаи бакалаврият (таҳсили 4 солаи донишгоҳ) баҳои 3 доранд ё дар чорсола дигар ихтисос хондаанду дар зинаи магистр дигар ихтисос хонданианд, дохилшудан ба зинаи магистратураро манъ кард, аммо бо мактуби вазорати маориф мумкин ҳаст. Донишҷӯёни баҳои 3 дошта ё дигар ихтисос мехондагӣ маҷбуранд ба вазорат муроҷиат кунанд ва он нархи миёнааш 1000 сомонӣ меистад, ки бизнеси нав дар соҳаи маориф ҳасту намак болои захми донишҷӯи камбағал. Ин қарор ришвахориро дар донишгоҳҳо низ афзудааст, ки шарҳашро дар қисмати дигар пешкаш хоҳем кард.

Ҳоло инҷо мехоҳем як дуздии дигарро дар намояндагони ин вазорат дар шаҳру ноҳияҳо ошкор созем. Ҳамасола аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ барои таъмири мактабҳои миёна вобаста ба ҳолат ва ҳаҷми бино аз 10 ҳазор то чиҳилу панҷоҳ ҳазор сомонӣ ё зиёдтар ҳам барои мактабҳои бузургтар маблағ ҷудо мешвад. Аммо, бо тартиб дар вазорати маориф, раёсати маорифи вилоят ва пасон дар шуъбаи маорифи ноҳия ин маблағ тақсим мешвад. Масалан аз 10 ҳазор сомонӣ 2 ҳазораш мемонаду халос. Дар инҷо директори мактабро шуъбаи маорифи ноҳия фарёд мекунаду мегӯяд, ки ин 2 ҳазорро гиру имзо мон, ки 10 ҳазор гирифтаӣ. Директор маҷбур мешавад, ки аз талабаҳо пул ҷамъ кунаду ҳадди ақал миқдори шаш ё ҳафт ҳазор сомонӣ ободонӣ кунаду баъд аз он кор миқдори 10 ҳазор ҳисоботи дурӯғ диҳад. Ба хотири онки ҳамаашон то боло маблағро дуздидану тақсим карданд, дигар касе намепурсад, ки чаро аз талабаҳо пул талаб мекунеду он пулҳоро куҷо кардед?!!.

ин аст яке аз бузургтарин сабабҳое, ки маорифи кишвар мелангаду кадри дуруст қариб, ки надорем.

Поёни бахши аввал,идома дорад…

Ps: Хонандагони гиромии Пойгоҳи “Ислоҳ” маълумотҳои ҷолибу дақиқро оиди яке аз донишгоҳҳои маъруфи кишвар,  дар бахши дуюм ва сеюм тақдиматон менамоем. Бо “Ислоҳ” бошед ва ба мо нависед!

Сообщение Вазорати маорифу дуздони он киҳоянд? появились сначала на ISLOH.net.