Архивы Вазорати Адлия - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 359
Ин бор номаҳо аз  Душанбе, пойтахти кишвари азизамон, аз Рашт ва аз Вахш ва як нома аз Аврупо, аз Варшава-пойтахти Полша ба дасти мо расиданд.

Нафаре, ки аз Душанбе дар бораи масъалаи «свиданка» дар маҳбаси Душанбе навиштааст, мегӯяд, ки ин мардум худашон дар азобу мусибатанд, аммо барои як свиданка 1500 сомонӣ таллаб кардани зиндониро наметавон кори инсон номид. Ҳайвон бо ҳайвон ба чунин тарзу тариқ муомила ва муносибат намекунад, ки кормандони СИРҶи Вазорати адлияи ҶТ мекунанд.

Номаи омада аз Рашт ҳамовозии муаллиф ба як матлаби Ислоҳ аст. Муаллиф бо сипосу ташаккури зиёд аз нашри он нома изҳор доштааст, ки дар бораи ин корманди бааландмақоми ВКД, ки барои ҳифзи курсиаш хоҳарашро ба вазири дохилӣ ҳадя кардааст, хоҳад навишт.

Номаи аз Вахшро бародари қиёматии мо навиштааст. Вай дар оғоз аз хоби дидааш ҳикоят карда ва дар идома дар бораи дастгир шудани як раиси деҳа ва моҷарои он ҳикоят кардааст. Гуфтааст, ки дар ин бора дар шумораи пешинаи барнома ҳам навишта буд, аммо инҷо маълумотҳои нав овардааст.

Аз Варшава дар бораи мушкилоти фазояндаи муҳоҷират ва рӯзторӯз хору залил гардидани ҷавонҳои миллат шикоят шудааст. Муаллиф бо баршуморидани зиёну зарари раванди муҳоҷират ба Раҳмонов рӯ оварда гуфтааст, ки дар ин беш аз сӣ соли кориат коре барои коҳиши ин раванд накардӣ, баракс ин муҳоҷират беш аз пеш афзуда истодааст, барои онки натавонистӣ ва наметавонӣ ҳарчи зудтар истеъфо деҳ!

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Номаро аз Душанбе менависам. Як бародар бо гуноҳи дуздӣ дар шишт. Даҳ сол дар шабакаи Барқи тоҷик кор карда буд.

Як ҳамсинфаш аз зиндони Русия ҷавоб мешаваду меояд ба ватан. Ин ҳамсинфаш дуздӣ мекунаду ин бародар бо вай соучастник будааст. Хулосаи гап, ки ҳоло дар зиндон аст.

Ин ҳодиса порина сурат гирифта буд. Вай10 уми март уже дар ИВС буд.

Вақтҳое дар Душанбе будам дачкааш мекардам.Тибқ қонун се моҳ пас, ё ду ҳафта пас  барои свиданка иҷозат аст. Албатта, сум медодем ба адвокаташ ва вай иҷозати свиданка гирифта медод. 6-7 кас медаромадем медидему мебаромадем.

Чанд рӯз пеш бо модараш  гап задаму аз аҳволаш пурсидам. Гуфтанд, ки ҳозир барои як комнатаи дусоата ё якунимсоата барои свиданка якунимҳазор сомонӣ бояд бидиҳанд. Яъне аз паси шиша неву алоҳида. Барои чунин свиданк комнатаро снимат мекунӣ дар дохили зиндон, ки ҳоло нархашро якуним ҳазор сомонӣ кардаанд.

Ман мехостам бифаҳмам, ки ҳамин нарх қонунӣ аст ё инки худашон муқаррар кардаанд. Хонагиҳои он бародар дар Душанбеву модараш дар Қабодиён. Аз Қабодиён меояд тюрма барои мулоқоти писараш. Тюрма худаш Душанбе- сити доштааст. Ба ҳамон ҳамёни ин бонк ин пулро мегузаронидаанд. Ё инки агар ба он бародар сум лозим шавад, ба хонагиҳо, хешу табораш мегуфтаст, ки ба ҳамин ҳамён кашелок сум парто, ки барои мисол ман бо  телефон гап занам.

Рости гап намедонам ҳамаи ин корҳо легалний, қонунианд ё чӣ?

Вале аз Мансур Умаров, сардори зиндонҳои Тоҷикистон пурсиданиам, ки ин нархи якунимҳазор сомонӣ барои як свиданкаро аз куҷо ёфтӣ? Инсофу имон дорӣ? Наход барои ду соати сӯҳбат якуним ҳазор бигирӣ?

Рашт

Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқбол! Худо кунад, ки ҳама вақт сиҳату саломат бошед.
Дар бораи Сайидаҳмад Маҳмадҷонов дар барномаи              «Номаи маро алоҳида нашр кунед»№24 ҳар чизе гуфтед ростанд. Вале мутмаинам ҳоло аз 100%, 1%-ро гуфтед. Ин бадбахти беимонро баҳузур таҳқиқу кофтукоб кунед, хеле ҷиноятҳои ваҳшиёнаи зиёд содир кардагӣ аст. Ин дар вақташ ҳамроҳ бо Шарифи калабур буданд. Вай ҳам аз Навдии Ғарм буд. Дар кӯҳу пушта буданд. Духтарҳои хонаро мерафтанд меоварданд,таҷовуз мекарданд ҳамроҳ бо Шарифи калабур ва калаҳояшонро мебуриданд. Инҳо як ҷинояткори қотилу даҳшатафкани беномуси беимонанд. Ин дар ҳамон вақташ ҳам аз тарафи ҳукумат буд, ҳамроҳ бо Шоҳ. Инҳо марионетка буданд. Ҳаминҳо Алии бедакиро фанд карда куштанд, чандин ҷавонмардҳоро бе гуноҳ зиндон карданд. Барномаатон беҳтарин буд дилам тар шуд аз ошкор шудани ин чеҳраҳои даҳшатафкан.

Ва ҳоло як маълумот мувассақ аз як бародар. Ба гуфтаи он бародар як сарбоз аз қисми ҳарбиии Камаров баромадааст. Бояд хонаашон мерафтааст. Дар ҳамии Ғарм ин тарафтар Сари пул мегӯянд, донишгоҳ. Дар пеши донишгоҳ дискотека ҳаст. Дар главний дорога. Дискотека «Субҳи Рашт» ном дорад. Ин қисми ҳарбӣ дар ҳамонҷо аст. Хуллас ин сарбоз меояд ҷавоб мегирад аз дискотека пиён мебарояд. Бачаи Саидаҳмад Маҳмадҷонов бо мошин бо суръати баланд омада истода будаасту, мезанадаш. Сарбоз дар ҷойи садама якмарг мешавад, мемурад. Аммо ҳамаро ором карданд. Сарбозро хапу хомуш роҳӣ мекунанд ба хонаашон. Аммо бачаи Саидаҳмад Маҳмадҷонов дар озодӣ зада гаштааст.

Устод, агар як кам таҳқиқ намоӣ дар бораи ин Саидаҳмад Маҳмадҷонов хеле гапҳо мебарояд. Ин ҷинояти зиёд содир кардагӣ аст. Мардони калонсоли Ғарм медонанд, бояд бинависанд. Худо кунад шоҳидони ҳодиса маълумотҳои ҷиноятии ин даҳшатафканонро менависанду бо худ ба гур намебаранд.

Бохтар

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари қиёматиам Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин боз ҳам ман ҳамон бародари қиёматии шумо ҳастам аз Бохтар.

Салом ба модари азизу меҳрубонам. Модарҷон ба номи худои покам дар дилам як орузу дорам. Чуноне, ки ҳар бор аз ғарибӣ меомадам дастони модарамро  бусида бо руям мемолидам, ҳамин орузуро дорам аз худованди таъоло, ки дастони шуморо ҳам бибӯсам. Баъд ҷонамро бигирад, дигар ҳеҷ орузу надорам, модарҷон.  Дуъогу бош дар ҳақи фарзанди беморат.

Бародари азиз меравем сари масъала. Рӯзи 13 уми май намози хуфтанро хондам. Валлоҳӣ ин дурӯғ нест, дар ҳақат аз сидқи дил дуъо кардам. Аз Худованд талаб кардам, ки ин бародари маро пируз гардон ва хоб кардам. Хоб дидам, ки дар хона дар сари дастархон бо модарам, падарам ва бародаронам, ки шумо аз дар даромадӣ. Якҷоя шишта ҳамроҳ чой мехурдем. Модарам шуморо пурсид, ки чи хел? Пируз шудӣ, ки омадӣ? Шумо гуфтед, ки ин шайтони лаъинро зиндон кардам ва баъд омадам.

Худоё, ин хоби ман таҳаққуқ пайдо кунад ва ин золим зиндон шавад, омин.

Хулосаи гап бародар, ман такси кор мекардам, маро заказ доданд аз Вахш то бозори ҳоҷӣ Шариф дар Қурғонтеппа. Як муйсафед бо занаш. Ин мӯсафед ҳоҷӣ будааст. Ба роҳ баромадем. Муйсафед гапро сар карда гуфт, ки дар ҳамсоя қишлоқи мо як раиси қишлоқро қапиданд.

Ман телефонро бароварда запс кардам, ки аз ёдам набарояд. Пурсидам чи ном дорад? Гуфт номаш Илёс. Гуфтам, ки ному насабашро пурра гуед. Гуфт, ки вай раиси қишлақи Сабзавот, аз бригадаи 2 Раупов Илёс, падараш Имод ном дорад.Муддати 6 сол мешавад,ки раиси қишлоқ аст.Аз мардум пул мегирад. Мегуяд,ки документи хона мекунам. Пулро гирифта бо кормандони ҷамоатҳо кайф карда хӯрда мегардад. Ба камияш 20 нафарро фанду фиреб карда мегаштааст. Чор сол пеш дар деҳаашон помош додаанд: равған, биринҷ, нахуд. Хулоса ҳар намуд маводи ғизоӣ. Аммо ин ҳама ҳақи мардуми камбағалро  фурухта хурда гаштааст. Аз байн чанд моҳ мегузарад. Аз амният фарёдаш мекунанду мегуянд,ки ҳақи мо куҷо шуд? Ҳақи моро бидеҳ. 50 ба 50 буд.

бародар дуздро қарақчӣ зад мегуянд. Ин ҷавоб мегӯяд, ки пулро ман хурдам. Пул надорам. Қариб 50 ҳазор сомонӣ мешудааст, ки 25 ҳазораш доляи амниятиҳо будааст.

Хулоса пулро надодааст ва ӯро бурда мурданак заданд. Бародари ин Илёси ҳаромхур пеш аз ҷанг раис будааст. Ин муйсафед беҳад таърифаш кард. Гуфт инсони беҳтарин буд. Ӯро дар ҷанг куштанд. Вале мурдаи ӯро наёфтанд, куҷо шуд, касе намедонад.

Падарашро ҳам кушта бо баданаш санг баста ба дарё партофтанд, ки болои об нахезад. Як додари  хуб дошт, ки ҳамон вақтҳо аз аскарӣ меояд. Вайро дар вақти ҷанг бо пулемёт зада баданашро тика тика карда буданд.

Вақте ин Илёси ҳаромхур дар моҳи шарифи рамазон ба даст меафтад, коррупсия инро меқапад ва делояшро бурда ба суд медиҳанд, суд вайро 27 ҳазор сомонӣ ҷарима мекунад. Вай имрӯзу пагоҳ карда пули ҷаримаро намедиҳад.

Аз байн 2 ҳафта мегузарад. Ин раиси ҳақи мардумхурро дар моҳи шарифи рамазон бурда маҳкам мекунанд.

Хулоса аз ҷамоатҳо масҷид ба масҷид гашта пул ҷамъ карда доданд ва баъд аз як моҳ вайро бароварданд.Касоне,ки пул дод барои раҳоии ин харомхур занашро, духтарашро ҳақорат карда гуфтанд,ки ҳақи равғану биринҷи моро хурдӣ, ин 100 сомони дигарам заҳри танат шавад.

Ин муйсафед як чизи аҷиб гуфт. Падараш Имод ном доштааст, ҳамоне, ки кушта сангро бо сим дар миёнаш баста дар дарё партофтанд. Замини совхоз дар поёни замини хонааш будааст. Ҳар шаб як метр аз замини совхоз медаровардааст.  Шишашро тарафи замини совхоз тела мекардааст ва ба ҳамин усул қариб 30 сотихи замини совхозро аз худ кард. Баъд фаҳмиданд, ки ин бобои Имод замини совхозро тарафи хонаш медаровардааст. Сипас нишона монданд. Дигар натавонист, ки дуздӣ кунад. Ҳамон замине, ки падари Илёс аз совхоз дуздида буд, ин муйсафед қасам хурд, ки қариб 70 ё ки 80 сотиҳ ҳаст. Баъдтар Илёс нимашро ба мардум фурухт.

Падар дузди совхоз, писар порахури давлат. (Ин қисмати қиссаи муйсафед дар «Номаҳо аз ноҳияҳо №353» омада буд чун намехонанд танҳо навор мебинанд фикр кардааст ин навиштаашонро нашр накардаем.)

Бародар чи гуфтанӣ ҳастам? Иззат Амонро барои 280 сомонӣ тӯҳмат карда бераҳмона чанд сол доданд. Аммо ана ин хел ҳаромхурҳо як моҳ мешишанд, боз дар озодӣ мегарданд.

Ба бародари азизам Муҳаммад Тағоев гуфтаниам, ки хабари реҳлати модари азизатро шунидам, бисёр зиқ шудам. Аллоҳ дар боғҳои биҳишт макону манзилаш бидиҳад барои як чунин шермардро ба дунё овардан. Он модар модари шумо тоқа набуд, модари ҳамаи мо муборизон буд. Ин шо Аллоҳ барои як тори муи модари ману шумо ҷавоб хоҳанд дод. Бародар дар ҳақи модар дуъо кардам,аз дилу ҷон хатми Қуръон бахшидам.

Чароғи зулми золим то дами маҳшар намесузад,

Агар сузад шабе сузад,шаби дигар намесузад.

Ҳатман, ки дар қафои Раҳмонов  месузад.

Дар охир гуфтаниам бародар, ки валлоҳӣ ягон гапи ман бофта нест. Чизе гуфтам ҳақиқат буд. Худованд шуморо нигаҳбон бошад, бародари азизам.

Варшава

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Умедворам сиҳату саломат ҳастед.  Аз яке аз шаҳрҳои Аврупо ба Шумо навишта истодаам. Ростӣ, худи ҳозир шумораи  навбатии «Номаи маро алоҳида нашр кунед»-№48- ро дар Ютюб дидам, дар бораи «Зери таҷовуз қарор додани ноболиғи 13 солаи рус аз ҷониби ҷавонони тоҷик». Хостам фикру ақидаи хешро оиди ҳамин масъала каме ҳам бошад, иброз намоям.

Чи хеле ба ҳамагон маълум аст Эмомалӣ Раҳмонов 34 сол аст дар сари қудрат ҳаст ва ӯ барои некуаҳволии мардум коре ҳам намекунад. Кори ӯ ва аҳлу байташ ғундории молу сарват ва ғорати ошкорои халқи мазлуми тоҷик ҳаст. Яке аз масъалаҳои доғи рӯзе, ки давлату ҳукумати моро бояд ба ташвиш ораду аз пайи ҳалли он гардад албатта, ки муҳоҷират ҳаст.

Падару модари ҳар яке мо мардуми тоҷик бо таваллуди фарзанд аввал хурсанд гашта, баъдан зиқ мешаванд. Барои чи ғамгин? Барои он ки намедонанд, ки ояндаи насли онҳо чи мешавад. Писарашон пас аз хатми мактаби миёна маҷбур ё ба хондан рӯ меорад ё ба муҳоҷират. Барои чӣ иҷборӣ ба таҳсил? Чунки каме ҳам бошад аз сафарбар шудан ба артиш раҳо мегардад.

Ғамгин барои духтаронашон барои он мешаванд, ки пас аз ба шавҳар доданашон, домодашон маҷбур мешавад пас аз муддате хонаашро тарк кунаду аз пайи ризқу рӯзӣ боз ба муҳоҷират рӯ орад.

Муҳоҷират аз рӯи сатҳи зиндагии паст ва набуди ҷойи кор. Шахсан худам бо як орзуи калон ба таҳсил рӯ овадам ва ба умеди ояндаи нек соҳибмаълумот ва соҳибдиплом гаштам. Аммо сад афсӯс, ки ҳамаи ин солҳои таҳсилам бефоида шуд. Чунки баъди хатми мактаби олӣ соҳиби ҷойи кор нашудам. Ба ҳар куҷое мерафтам аввал макони таваллуд ва ба ҷайбам нигоҳ мекарданд.

Яке аз хиёнатҳои бузурге, ки Эмомалӣ Раҳмонов ба халқи тоҷик кард,ин таъмин накардани зиндагии арзанда ба ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Ҳоло онки  мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи зиндагии арзанда дар моддаи 1 ва боби дуюм, махсусан моддаи 31, инъикос ёфтааст.

Моддаи 1: Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Моддаи 31: Ҳар як шахс ҳуқуқ дорад, ки барои худ ва оилааш сатҳи зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро дошта бошад. Ин моддаҳо асоси ҳуқуқии кафолати зиндагии шоиста ва шароити иҷтимоиро дар кишвар ташкил медиҳанд.

Дар асл муҳоҷирати кунунии халқи тоҷикро наметавон муҳоҷират номид. Чунки ҳангоми дар муҳоҷират будан  ҳукуқ ва озодиҳои шаҳрвандони тоҷик дар берун аз кишвар қисман ё ин ки умуман риоя карда намешавад.

Мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи шаҳрвандони бурунмарзӣ дар моддаи 16 муқаррар карда шудааст.

Дар ин модда омадааст:

Моддаи 16: «Шаҳрванди Тоҷикистон дар берун аз марзи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷӣ супурдан мумкин нест.»

Инчунин, мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моддаи 11), мақомоти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ вазифадоранд, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Тоҷикистонро дар хориҷа ҳимоя кунанд.

Ба иззати нафси касе намехоҳам расам, аммо мо ба муҳоҷират не ба ғуломӣ меравем.

Муҳоҷирати меҳнатӣ ин худ пурра мусибат аст, чунки он дар бештари маврид мушкилоти нав ба навро ба бор меорад. Аз ҷумла:

— Дур шудани волидон чи падар чи модар аз фарзандон.

— Тарбияи нодуруст гирифтани фарзандон

— бероҳа гаштани фарзандон аз ҳисоби муҳоҷирати волидонашон

— аз байн рафтани қувваи кории волидон ва хастагии равонӣ.

— вайроншавии оилаҳо.

Аксар маврид мардон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, қисме  занон ба набуди мардонашон тоқат накарда, ба хиёнат даст мезананд. Бо ин гуфтаҳо аксар мардум шояд розӣ нашаванд, вале ин ҳақиқати талх аст.

Инҳо танҳо аз шумори каме аз зиёнҳои муҳоҷират ба ҳисоб мераванд.

Дар аксар маврид падару модарон( на ҳама ) ба писарони худ таъкид мекунанд, ки то маблағи калон кор накунӣ бар нагард. Албатта, онҳоро фаҳмидан мумкин, лекин дар ин маврид ҷавонон, хусусан мардон аз ҳисоби дер оиладор шудан, дар муҳоҷират даст ба амалҳои номатлуб, алалхусус ба зинокорӣ мезананд. Медонам ин суханони ман сахт аст, вале ҳақиқати талхи имрӯза ҳамин аст.

Бар мегардем ба моддаи 1.

Дар ин шароите, ки ту эй калаварами Эмомалӣ  бо ҳукумати худкомаи хеш фароҳам овардаӣ чӣ гуна мо инкишофи озодона карда метавонем? Мисоли оддӣ. Ҳангоми як тиҷорати хурд кушодан аз чанд тараф омада соҳибкори бечораро нафастанг мекунед.

Ту ва оилаи касифат ҷавонони ин миллати бузургро ҳамчун гови ҷушо кардаӣ.  То он даме, ки қувва дар ҷисму ҷонамон ҳаст водор месозӣ, ки ба ғуломӣ рафта, ба мисли хар кор кунем. Ҳатто аз ҳисоби интиқоли маблағҳои бо арақи ҷабинамон ту фоизи хешро мегирӣ.

Бовар кунед бародар Муҳаммадиқбол, аз дурии падару модар, аз ҳамин муҳоҷират хаста шудам. Мехоҳам ба ватан баргардаму ба мисли инсон зиндагӣ кунам.

Муроҷиати ман ба ин беимони беинсофи каладам. Бирав аз сари қудрат, 99%  мардум аз ту ва аз ҳаромзодаҳоят хаста шудем. То ба кай мо барои шумоҳо кор кунем, то ба кай мо дар ғуломӣ умр ба сар барем, ҳам руҳан ҳам ҷисман хаста шудем. Бинобар ин ба диктатураи хеш хотима бахш.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 359 появились сначала на ISLOH.net.

Адолат зери по: «эътирофи тарканда аз даруни Вазорати адлияи Тоҷикистон»
Номаи маро алоҳида нашр кунед№28

Ассалому алайкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин! Ҳама вақт хубу хуш ва дар ҳифзу ҳимояти яздони пок бошед. Ин номае, ки бароятон мефиристам пур аз дарду доғ аст. Номаро як нафар аз кормандони куҳнакор вале ҳоло ҳам дар сари вазифа навишта истодааст.

Ман корманди яке аз зерсохторҳои вазорати адлияи ҷумҳурии Тоҷикистон мебошам. Рутбаи баланд дорам. Дар яке аз навоҳии тобеи марказ кор мекардам. Аммо дар давраи раҳбарии Рустами Шоҳмурод ба Душанбе омадам ва чандин сол дар пойтахт фаъолият намудам. Аммо, вақте Музаффар Ашӯриён ба курсии вазорати адлия нишаст, маро ва на танҳо маро, бо ҳар роҳу васила танг карду билохира таҳдид намуд, ки агар бо хоҳиши худ ариза дода ҷоямро холӣ накунам бо статя пешам мекунад ва агар ихтиёрӣ равам боз дар ҷойи собиқаам дар як сохтори тобеи вазорат дар яке аз ноҳияҳо бо кор таъмин мекунад. Дигар илоҷ надоштам. Гуфтам, хуб, ақалан дар яке аз навоҳии ҳудуди Душанбе ҷой деҳ. Чунки дигар дар шаҳр хонаву дар карда бо оилаам пойтахт омада будам. Аммо надод ва ҳоло дар яке аз ноҳияҳои дигар кор мекунам. Албатта, баъди нашри ин мақола ҳатман суроғи маро мегирад. Вале дар гумон аст ки биёбад. Чунки мисли ман чандин нафар аз мутахассисони бособиқа ва таҷрибадорро тӯли ин тақрибан шаш соли вазириаш аз кор сур кард. Вале, ба ҳар сурат ман ному фамилияамро ба шумо мегӯям, аммо шумо пеши худ маҳфуз доред ва ифшо насозед. Ному фамилияи ман ба шумо амонат аст. Амонат дар шариат чи масъулият ва ҷавобгарӣ дорад, шумо олими дин ҳастед, беҳтар аз ман медонед.

Ман, рости гап, дигар виҷдонам набардошт, ки ин ҳама азхудравӣ, мутакаббирӣ, ҳавобаланди, бесарусомонӣ ва ба тақдири кадрҳо хунукназарона рафтор кардани Музаффар Ашӯриёнро бинаму сокит бошам. Бигзор, роҳбари давлат ва аз ҷумла Озода Раҳмонова, ки Музаффари Ашӯриён чанд сол муовини ӯ буд, хонанду бинанд ва чораи ӯро бубинанд.

Ва акнун дар инҷо мехоҳам дарди дили мардум ва кормандони собиқу феълии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи шумо расонем.

Музаффар Ашуриён барои ҳифзи курсии худ ва мавқеаш, бо роҳи найранг фарзанди хурдияш писарашро ба набераи президент, духтари Озода Раҳмон хонадор кард ва ӯро келин гирифт. Аммо то ҷое медонем ин найранг дер давом накард. Зиндагии фарзандаш бо набераи президент чандон хуб нест ва барои ҳамин имрӯз ё пагоҳ оилаи онҳо вайрон мешавад. Мисли оилаи Фарзонаи духтари худи Раҳмонов ва Сафари бачаи Юсуф Раҳмон, собиқ Прокурори генералӣ ва ҳоло дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон. Мо бовар дорем, ки баъд аз ин, Музаффари Ашӯриён ин худозада ҷазои амалашро хоҳад гирифт ва тамоми азобҳое, ки ба кормандон додааст, аз худои мутаол мехоҳем, ки ба худаш баргардонад.

Музаффар Ашуриён се писар ва ду духтар дорад, вале бо вуҷуди ин ҳама зулм мекунад. Баъд аз ба нафақа рафтанаш, мехоҳем дар азоби дӯзах гирифтор шавад.

Ба омадани Музаффар Ашӯриён Қурбонмаҳмад ба мақоми вазири адлияи Тоҷикистон беш аз панҷ сол сипарӣ мешавад. Бо камоли таассуф бояд зикр намоям, ки дар давоми ин солҳои кор фаъолияти ӯ на ба адолат, балки ба зулм, ситам, табъиз ва фасоди густурда пайваст шудааст. Чаро чунин мегӯям? Мисол меоварам.

Аз соли 2020, пас аз таъйини Музаффар Ашуриён ба ҳайси вазир, ӯ фаъолияти худро бо озод намудани маҷбурии аксари мардон аз вазифаҳо оғоз кард. Бо баҳонаҳои гуногун, гӯё бо такя ба «супориши Президент», мардонро маҷбур мекарданд аризаи истеъфо нависанд. Аз ҷумла шахсан худи маро. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори фурӯши мансаб табдил ёфт.

Ба ҷойи мардон, аксаран занҳои ноозмуда, ғайримутахассис ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба вазифаҳо таъйин карда шуданд. Ин амал на танҳо ахлоқан нодуруст, балки хилофи қонун ва меъёрҳои хизмати давлатӣ мебошад. Яке аз аввалин иқдоми вазир ин иваз намудани сардори кадрҳо буд.

Ба ҷои Зафар, як кадри коркушта ва мутаххасиси соҳа Сироҷиддин Ҳамдамзода, шахси наздик ва хеши худро таъйин намуд. Ин шахс пеш аз ин дар дигар мақомот фаъолият надошт, балки дар мошинбозори шаҳри Душанбе ба савдои мошин машғул буд. Бо омадани ӯ ба вазорат, як низоми ғайриқонунии нав ҷорӣ гардид, ки онро худи кормандон «қонунҳои нонавишта» меноманд.

Яке аз роҳҳои аз масъулият ва вазифа холӣ карданро Ашӯриён дар «Ротация» пайдо намуд ва бо баҳонаи «ротация»: аз фаррош то сардорони шуъбаҳои САҲШ (ЗАГС) ва нотариусҳо, ҳатто кормандони техникӣ бо маоши 1300 сомонӣ ба ноҳияҳои дурдаст маҷбуран фиристода шуданд. Бисёре аз ин кормандон кӯдакони хурдсол доштанд, шароити зист надоштанд, маҷбур мешуданд корро тарк кунанд.

Ашӯриён ба вазифафурӯшӣ ва гирифтани пора ҳам даст зад ва вазоратро ба фасодхона табдил кард. Дар давраи роҳбарии Музаффар Ашуриён вазифаи нотариус аз 20 000 то 30 000 доллар фурӯхта шуд, вазифаи мудири бахши САҲШ (ЗАГС) аз 100 000 то 200 000 сомонӣ қимат дошт, ҳатто вазифаи посбони идораҳои нотариус ва ЗАГС бо ҳамроҳии вазир ва сардори кадрҳо фурӯхта мешуд. То омадани ӯ ба вазорат чунин ҳолат вуҷуд надошт. Аз рӯзе ки Музаффар Ашуриён вазири адлия таъин карда шуд, нархномаи шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, нархномаи ақди никоҳ ва тамоми хизматрасониҳоро гарон кард. Масалан, бастани ақди никоҳ — 500 сомонӣ, гирифтани шаҳодатномаи такрории таваллуд — 500 сомонӣ, ҳама намуди ваколатномаҳо то 1500 сомонӣ гарон шуд.

Ин корҳоро барои он кард, ки баъди ба нафақа рафтанаш президент ӯро «раҳмат» гӯяд. Аммо мардум шабу рӯз лаънат мегӯяд. Нафақаи мардум 300 сомонӣ бошад, вале шаҳодатнома ё ваколатнома 1500 сомонӣ, ин чӣ гуна сабукӣ барои мардум аст?

Вай тамоман бе ягон асос чандин штатҳо-ҷойҳои кориро ихтисор кард. Дар ин панҷ соли фаъолияти Музаффар Ашӯриён шумори зиёди бастҳои вазифавӣ қатъ гардиданд, муҳосиб-бухгалтерҳои САҲШ (ЗАГС) ва нотариусҳо ихтисор гардиданд, ки ин корҳои вай ба зиёни хизматрасонӣ ва мардум анҷом ёфт.

Давоми панҷ соли кори худ Музаффар Ашӯриён  дар Варзоб дача харид, дар шаҳри Душанбе 5 хона, харид ва дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон беш аз 50 гектар замини мардумро аз худ кардааст.

Музаффари Ашӯриён дар хешутаборбозӣ (непотизм) усутхон надорад. Яке аз писарони вазир дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҳамчун муфаттиши прокуратура кор мекунад ва маҳз ҳамин писари вазир дар фурӯши мансабҳои вазорат  посредники асосии падараш мебошад. Яъне вазир вазифаҳои вазоратро тавассути писараш ба савдо мезанад.

Як бародари вазир дар ноҳияи Рӯдакӣ сардори шуъбаи экология аст ва аз кормандони ЗАГС ва нотариусҳо, ки зертобеони вазорати адлия мебошанд бо ҳар баҳона маблағ меситонад.

Вазри адлияи Тоҷикистон Музаффри Ашӯриён духтарбозӣ ҳам мекунад ва чуноне дар байни халқ мегӯянд, ҳаромхиштак аст. Вазир ҳангоми қабули духтарон дар утоқи кориаш онҳоро танҳо қабул карда, бо онҳо рози ишқ ва пешниҳоди муносибатҳои маҳрамона мекунад.

Баъди таъйини Музаффар Ашуриён дар вазорати адлия адолат аз байн рафт ва ин ниҳод бештар ба «вазорати занон» шабоҳат пайдо кард. Вақте вазорати адлия меоӣ, гумон мекунӣ, ки Кумитаи кор бо занҳо ва оилаи назди ҳукумат омада бошӣ.

Ҳар моҳ кораш бо сардори раёсати кадрҳои вазорат (хешаш Сироҷиддин) фурӯхтани вазифаҳо, бо роҳи туҳмат аз кор озод намудани кадрҳои баландихтисос ва ба ҷойи онҳо таъин кардани кадрҳои белаёқат бо гирифтани пораҳои лозим аст.

Ҳамин Сироҷиддини хешашро, ки оварду сардори Раёсати кадрҳо таъин кард аз яке аз мақомот барои кирдорҳои ғайриқонунӣ аз кор пеш карда буданд ва чуноне гуфтем вай дар мошинбозор савдо мекард. Худи Ашӯриён, ки корро ҳамчун прокурор шурӯъ кардааст, вазорати адлияро, ки умдатан як вазорати мулкӣ аст ба гестапо бадал кард.

Вай вақте кадрҳои варзидаро аз кор пеш мекард, ошкоро аз номи Президент ин кори худро тавҷеҳ карда мегуфт, ки гӯё Президент дар суҳбати хусусӣ ба вай супориш дода бошад, ки мардҳоро ҷавоб дода дар ҷойи онҳо занҳоро оварад ва ҳоло дар ягон САҲШи Тоҷикистон ягон мард роҳбар намонд ва дар идораҳои нотариалӣ-нотариусҳо ҳам тақрибан айни ҳамин ҳолат аст. Магар дар Тоҷикистон ҳуқуқи зану мард баробар нест? Магар дар Тоҷикистон қонунҳо ҳуқуқи занро аз мард боло нишон додаанд?

Аммо ин ҳама бозиву маккориҳои худи Ашӯриён аст. Чаро? Чунки дар соли аввал аксарияти кадрҳоро, ки дар тамоми кишвар нав мекард, ҳама вазифаҳоро аз ҷумла нотариус ва САҲШҳоро ба мардҳову занҳо, ки пули калон медоданд дод. Вале баъди ду сол тамоми мардҳоро аз ин вазифаҳо гирифт ва дар ҷойи онҳо занҳоро монд. Чунин талабот, ки дар ЗАГСҳо фақат занҳо бошад аз аслу реша дуруст нест ва бархилофи қонуни кор мебошад. Як чизи дигарро бояд бигӯям, ки ҳудуди 70-80 дар сади ин занҳо, ки раиси САҲШҳо шудаанд, худашон оилаи солим надоранд. Ё ҷудо шудаанд ё бешавҳаранд. Масалан дар вилояти Хатлон, ки аз 25 шаҳру ноҳия иборат аст дар никоҳи давлатӣ ҳамагӣ ду ё се раиси САҲШ-сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ҳасту халос. Дигар ҳама ё беваанд ё ҳанӯз оила барпо накардаанд. Бо вуҷуди ин  занҳоро ҳам рӯз намедиҳад.

Чи хеле гуфтам аз ротатсия ба унвони василаи ҷайбпуркунӣ истифода мекунад. Як корманди техникиро ҳамагӣ 1300 сомонӣ маош дорад бо баҳонаи ротатсия ба як нуқтаи дурдасти куҳистонӣ мефиристад, маҷбурӣ. Мудири ЗАГС панҷ сол ҳам кор накарда ба як ноҳияи дур равон мекунад. Баъзе аз онҳо кудаки хурд доранд ё вазъияти хонаводагиаш хуб нест, аз шавҳараш ҷудо шуда тарбияти кудаки хурдсол дорад. Онҳо дигар дар чунин ҳолат маҷбуранд тарки кор кунанд.

Аҷоибаш ин аст ки Музаффар Ашӯриён худро шахси ботақво мегирад ва 5 вақт намоз мехонад.

Дар давраи Рустами Шоҳмурод, вазири пешина дар вазорат ин хел тақсими вазифа набуд, чунки ӯ шахси басавод буд. Интихобу таъйини кадрҳоро сардори раёсатҳо муайян мекарданд.

Дар яке аз паёмҳои солҳои пешинаш Эмомалӣ Раҳмонов мегӯяд, ки бештар занҳоро дар вазифаҳо ба кор гиред, мардҳоро озод намоед, аммо Рустами Шоҳмурод инро иҷро накард.

Мо гумон мекунем, ки мақсади шумори занҳоро афзоиш додан дар вазифаҳо он аст ки сафи занҳо дар бари духтарҳои Презиент зиёд шаванд. Барои ҳамин Музаффар Ашӯриён, ки муовини Озода, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент буд омаду ҳамин корҳоро карда истодааст.

Зиндагиномаи вазири адлия Ашуриён Музаффар

Ашуриён Музаффар 21 июли соли 1963 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилот олӣ. Соли 1985 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст. Номзади илмҳои сиёсӣ мебошад. Фаъолияти кориашро соли 1986 ҳамчун прокурори шуъбаи тафтишотии Прокуратураи вилояти Қӯрғонтеппа оғоз намуда, сипас, то соли 1995 дар вазифаҳои муовини прокурори ноҳияи Ёвон, ёрдамчии прокурори ноҳияи Хуросон ва ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон кор кардааст.

Аз соли 1995 то соли 2000 дар мансаби раиси кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният фаъолият намудааст.

Солҳои 2000—2010 роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз соли 2010 то соли 2016 дар мансаби мудири шуъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон, мудири шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсон ва сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2016—2020 дар мансаби муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2020 ба мансаби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст

Пасгуфтори «Ислоҳ»

Ислоҳ ин номаро ҳамчун як шаҳодати ҷиддӣ, айбнома ва ҳушдор нашр мекунад. Муаллиф шахсе аст, ки солҳои тӯлонӣ дар сохторҳои Вазорати адлия фаъолият дошта, аз дохили низом аз равандҳое мегӯяд, ки қонунро ба воситаи саркӯб, фасод ва манфиатҳои хешутаборӣ табдил додаанд.

Ба далели хатари воқеӣ, шахсияти нависанда пурра пинҳон дошта мешавад. Масъулияти воқеияти иддаоҳо бар дӯши ниҳодҳое аст, ки бояд назорат кунанд, вале солҳост хомӯшанд.

Ислоҳ ҳушдор медиҳад: сукут дар баробари чунин иддаоҳо ҳамдастӣ бо зулм аст. Ин матлаб танҳо шикоят нест, айбномаи ошкор алайҳи як низом аст. Умедворем Эмомалӣ Раҳмонов дар ин соли 2026 ин вазири ҳаромшурборо фармони «ба кори дигар гузаштан»-ашро содир мекунад ва ӯро ба нафақа мефиристад. Агар чунин накард пас дигар маълум мешавад Раҳмонов президент набудаасту духтару набераҳояш президентанд!

Сообщение Адолат зери по: «эътирофи тарканда аз даруни Вазорати адлияи Тоҷикистон» появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №285
Дар ин нашри барнома яктоӣ нома аз Душанбеву Восеъ ва се нома аз Вахшро ҷой додем.

Муаллифи номаи Восеъ хабари расонаҳо дар бораи садамаи чанд рӯзи пеш дар ин ноҳияро, ки бо айби корманди военкомат рух дод таври дигар ба қалам медиҳад ва як нафари огоҳ ҳодисаи марги домуллои Зубайдуллоҳи Розиқ, зиндонии сиёсиро, ки чанд рӯзи пеш даргузашт куштор навбатии мухолфин тавассути мақомоти зиндон хондааст

Аммо дар ин се нома аз Вахш муаллифон боз ҳам аз Қурбон Юсупов, мулаққаб ба Қурбони бех, раиси ин ноҳия, ки бо номи императори Вахш ҳам маъруф шудааст, шикоят кардааанд:

Восеъ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Рости гап ман ба шумо бори аввал аст, ки менависам. Барномаҳоятонро хеле вақт аст ки тамошо мекунам.Аммо аз ин пеш нанавишта будам. Сабаби навиштанам як ҳодисаи бисёр ҳам ҷонгудоз аст ки чанд рӯзи пеш дар ноҳияи Восеъ руй дод.

Дирӯз дар Фейсбук хондам, ки чанде аз ноҳияҳои вилояти Хатлон нақшаи сарбозгирии тирамоҳиро пурра иҷро кардаанд. Навиштаи ман ва ҳодисае,ки дар борааш гуфтаниам дар ҳамин мавзӯъ аст.

Як чизро ба шумо гуфтаниам. Ҳодисае, ки дар ноҳияи Восеъ руй дод, дар дилхоҳ давлати дигар руй медод ин гуна корманди давлатӣ ҳатман дар пушти панҷара гирифта мешуд.

Ин ҳодиса 22 сентябр руй дод. Як корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ, ки ҷияни генерали вазорати мудофиа Одиназода Мусо мебошад ба хонаи як ҷавон меравад барои ба хизмат бурдан облава меравад. Ин ҷавон дар хона набудааст. Ин корманди военкомат бо зӯриву тарс додан модар, келин ва додари ҳамон бачаро ба мошинаш савор карда ҳамчу гаравгон ба военкомат мехоҳад барад. Аммо, кори худоро бинед, ки дар роҳ,ки бо суръати баланд ҳаракат мекард ба як мошини дигар бармехурад.

Модар, келин ва додари он бачаи синни даъват дар ҷои ҳодиса ҷон ба ҳақ месупоранд.

Дар мошини дигар ронанда, як зани калонсол ва келини у,ки ҳомила буд ба ҳалокат мерасанд. Яъне 6 нафар дар ин садама кушта мешаванд. Худи коргари военкомати Восеъ, ки сабабгори ин фоҷеа ва мусибат шудааст, зинда монда ва  дар беморхона бистарӣ шуд. Генерал Одиназода Мусо худи ҳамон рӯз ба ноҳияи Восеъ барои тинҷ кардани ин кор омада буд.

Рости гап дар бораи ин ҳодиса тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳо ҳам навиштанд. Аммо хабарҳое, ки дар ин бора нашр шуданд воқеиятро то ба охир инъикос накардаанд.

Дар ҳақиқат ҳодиса рӯзи 22-юми сентябр дар роҳи деҳаи Кадучии ҷамоати Бобошоҳиён рух дод. Хабарҳо, аз ҷумла Озодӣ навишт, ки дар ин садама се нафар кушта ва чор тан захмӣ шудааст. Аммо шаш нафар кушта шуданд, на се нафар. Дар хабари расона гуфта мешавад, ки «садама замоне рух дод, ки корманди Комиссариати ҳарбӣ як ҷавони синни даъватро бо зур ба мошин савор карда, бо суръат ронд ва ба мошини самти муқобил бархурд».

Аммо дар асл корманди военкомат он бачаи синни даъватро пайдо накарда дар ҷойи он модару келину бародари онро ҳамчун асир ва гаравгон ба ҷойи он бача ба военкомат бурданӣ буд.

Савол инҷо аст ки ин корманди военкомат чи ҳақ дорад, ки се нафари дигарро бо зӯр ба военкомат мебарад?

Дар як хабари вазорати дохилӣ ҳам ин ҳодисаро ин тавр шарҳ додаанд:

«нисфирузии 22-юми сентябр Наҷибулло Рустамзода, ронандаи 33-солаи «Тайота Камри» дар ҳудуди ҷамоати Бобошоҳиен «ба самти муқобил ҳаракат

карда», ба мошини Кароматулло Бурҳонов, ронандаи 27-солаи «Опел Астра» бармехурад. Дар ин ҳодиса, ронандаи «Опел Астра» бо ду мусофираш, Наргис Иброҳимоваи 30-сола ва Давлатбибӣ Забироваи 54-сола дар ҷои ходиса ҳалок шудаанд. Чор мусофири дигар ин мошин, ки яке кудаки панҷсола будааст, ҷарохати сахт бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаан».

Чуноне мебинед дар ин хабар ҳам аз мошини корманди военкомат Наҷибулло Рустамзода ва кушташудаҳои мошини вай ҳарфе нест. Дар хабари ВКД қурбониҳои мошини дуввумӣ зикр шудааст.

Ин корманди военкомати Восеъ ҷияни генерал Одиназода Мусо военком ё комиссари ҳарбии собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст, ки ҳоло ҳам дар вазорати мудофиъа кор мекунад. Ҳоло саволи асосӣ ба вазири мудофиа ва вазири дохилӣ ва Прокурори ҳарбӣ ин аст ки оё ин корманди военкомат, ки боиси  куштори шаш нафар одам шуд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад ё не? Ҳабибулло Воҳидзода қазияро зери назорати худаш бояд гирад ва мардона баромада гузориш диҳад!

Вахш

Номаи 1

Ассалому алейкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқбол! Агар илоҷаш бошад номаи маро қабул кунед.

Ман аз беморхонаи марказии ноҳияи Вахш ба шумо менависам. Дар дари ин беморхонаи марказӣ чунон беадолатӣ ҳукмфармо аст ки ман мехоҳам каме аз онро ба шумо гуям. Чунки инҷо даҳшат аст. Агар касалие ба беморхона ояд аз омаданаш чунон пушаймон мешавад, ки то бас гуфтан. Чунки ҳамин касалӣ «поша мондай намондай дар беморхона, духтурҳо дарав қавақ мендозанд ва агар бинан,ки камбағал бошад аниқ бало зад камбағала».Хеле бераҳму шафқат ҳастанд, ки мегӯӣ  зиндон бо пои худам омадам. Нодаромада пулгириро сар мекунанд: якум пули бахилу ниқоб. Охир ин чизҳо бепуланд дар тамоми ҷой, ҳатто дар ҳамаи беморхонаҳои шахсии худи ҳамин Тоҷикистон.

Аммо инҳо бошанд мегуянд, ки барои гирифтани пули бахил фармон аз боло аст. Ва рафтору муносибати чунон нофорам мекунанд, ки мегуӣ дар назди инҳо муттаҳам бошӣ. Агар касал барои ҷарроҳӣ дошта бошӣ, аниқ, сад дар сад капаат сухтагӣ аст. Ҳоло ҷарроҳӣ накарда чунон доруву уколҳо менависанд, мегӯӣ, ки ҳозир ними аптекаро мехарам. Ва, боз як кори дигари духтурҳо ин аст ки бояд доруҳоро аз аптекаи мегуфтаи ӯ бихарӣ. Барои ҳама чиз пул месупорӣ. Пули палатаро ҳам месупорӣ. Хулоса барои ҳамаи чиз пул месупорӣ. То аз беморхона мебароӣ, ки аз  касал ҳам безор мешавӣ, аз беморхона ҳам. Роддомаш ҳам ҳамин ҳолат аст, баду бадтар. Детский балнитсаро напурсед. Поликлиника меравӣ, мегӯӣ дар кинои ужас ғалтидам. Ин пулканиву пулгирӣ ошкоро ва беягон тарсу ҳарос. Ҳатто барои навбати қабули духтур бояд ба медсестра пул диҳӣ ва сипас навбат мемонад. Бо кош духтурҳо босавод бошанд. Чи дар поликлиника ва чи дар беморхонаи калон қариб, ки ҳамаи духтурҳо  комилан бесаводанд.

Духтуре, ки узӣ мекунад Гулрфатор ном дорад, тамоман намефаҳмад. Алайҳи Гулрафтор ҳатто дело карда буданд, аммо ришваро калон медиҳиву корро идома медиҳӣ. Чунки ин ноҳия комилан бесоҳиб аст.

Аммо сантиркаҳои бечораро қариб ҳаррӯз

қад қади кучаҳои маркази ноҳияи Вахш суботникӣ мебароранд. Ман як руз  аз коргарони беморхона пурсидам. Гуфтам, ки чаро инҳоро инқадар азоб медиҳед, бо ин маоши кам? Ба ман ин коргари беморхона оҳиста гуфт ки ин чи азоб аст? Дар ин байн ин санитаркаҳора ба беморхонаи Қурбони бех бурда дар онҷо аз саҳар то бегоҳӣ кор мефармоянд. Беморхонаи Қурбони бех бо коллеҷаш бар ба бар рубаруи хонааш аст. Баъд аз беморхонаи Қурбони бех санитаркаҳо коллеҷро низ  тоза карда мешуянд. Як нафаре аз онҳо гуфтааст, ки  хонаи худи Қурбони бехро ҳам тозаву покиза карда қолинҳои калони вазнинашро мешустаанд.

Дар ин байн савол ба миён меояд. Охир чаро ин санитаркаҳо бо маоши кам дар беморхонаи шахсӣ ва коллеҷу манзили истиқоматии раиси ноҳия ранги ғулом кор мекунанд? Охир ин давлат соҳиб дорад ё ки не? Ку прокуратура,ку амният, канӣ суду милисаву коррупсия?

Ин чи гап аст худаш? Чи дигар дар як ноҳияи калон, дар ноҳияи Вахши зарнисор ягон одами дуруст нест, ки Раис шавад?

Номаи 2

Ассалому алейкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқбол! Ман сокини ҳамон деҳаи 2-канала ё 70-гектара ҳастам. Бори чорум аст ки ман бо шумо менависам. Лекин мутаассифона кори ин мардуми деҳаи мо аз бад бадтар шуда истодаасту хуб не. Ҳамин мактаби мо монд носохта. Кудакон раҳи дарозро тай карда мераванд ба мактаб ба сентри совхози Вахш. Ин хело ва хело дур аст. Кудакон бо гиряву азоб ба мактаб мераванд, чунки роҳ дуру дароз аст.

Ман пештар ҳам дар ин бора ба шумо навишта будам, аммо баъди чопи он навишта ҳам комилан ҳеч чиз тағир наёфт. Чунки шуъбаи маъорифи ноҳияи Вахш аслан дар парвои сохтани мактаб нестанд. Онҳо соҳибкорон кофта истодаанд, ки аз тани онҳо ин мактабро бисозанд.

Охир сохтмони ин мактаб на камтар аз 1,5 миллион сомонӣ лозим дорад. Инро бояд ҳукумат бисозад. Лекин мутаассифона ҳукумат парво надорад.

Баракс, ҳукумати ноҳия яъне Қурбони бех бо бародар бо ҷиянҳояш чарогоҳҳоро аз худ кардааст ва мардумро иҷозати чаронидани молу говҳояшро намедиҳад. Чи хеле дар номаҳои қаблӣ гуфта будем ҳатто лабҳои каналро аз худ кардааст. Ҳозир бошад тактикаашонро дигар кардаанд. Яъне,гуё, ки чарогоҳҳои лаби канал аз дигар одам асту аз Бароти бародараш нест. Масалан як моҳ пеш як зани шавҳардор гову молашро аз деҳа ба лаби канал чаронидани бурд. Аз байн ним соат нагузашта шогирдони Барот омада чунон бе раҳмона гову молро заданд, ки қариб мемурданд. Мо гуфтем «а,бача ту чи ҳақ дорӣ мезанӣ молҳои моро, инҷо лаби канал аст ку»? Дар ҷавоб шогирдонаш гуфанд, ки тамом «инҷа дигар аз раис нестай,дигар то вақти муайяна ай манай, баъд мебинем». Охир 100-ҳо бор фаҳмондем, ки инҷо лаби канал аст, ба мо фарқаш чи? Дар ҷавоб боз ҳамон гапҳои куҳнаи Барот бо ҷиянаш гуфтаро, «то байни канала мо андоз меспорем»  такрор карданд.

Бубинед домулло! Агар мо ақалан чарогоҳ дошта бошем дар лаби каналҳо мо молу гови худро нигоҳ карда ва яктояшро фурухта мактабро худамон месозем. Аммо на месозанд мактабро на мемонанд, ки молатро чаронӣ ва як ду сум пайдо карда мактабро созем. Мо чи кор кунем? Куҷо равем ва ба кӣ даъво кунем? То кай ин аҳвол давом мекунад? Чаро як ноҳияи калонро фақат Қурбони беху аҳли авлодаш хуранд? Мардум чи кор мекунад?

Номаи 3

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домулло Муҳаммадиқбол!,   Сокини ҷамоати шаҳраки ноҳияи Вахш ҳастам. Дар Вахши мо чунон бераҳмӣ ва бе адолатӣ дар ҷараён аст ки агар моҳҳо нависӣ тамом намешавад.

Домулло, шумо дар барномаҳоятон дар нисбати ҳаромхурии Кумитаи замин ва архитектура ва Қурбони бех Юсупов ҳамроҳи бародараш Барот чанд бор навиштеду гуфтед. Ман ҳам идома доданиам, албатта бо далел ва ҳуҷҷат.

Хонаи мо дар 4ошёнаи нав, дар ру ба руи Кумитаи архитектураи ноҳия воқеъ аст, ки идораи Кумитаи замин ҳаминҷост. Дар паҳлуи Кумитаи архитектура аз як тарафа хонаҳои бараки пастак қарор доранд, ки ин хонаҳо ба Кумитаи архитектура, часпидагианд, пештар инҷо тротуар-гузаргоҳ буд. Аммо бо мурури замон, комилан ин роҳҳо маҳкам шуд. Мардум гирдогирд тоб хурда мегузарад ва аз дигар тарафи Кумитаи архитектура дар бари 2ошёнаҳо боз  мағоза карданд, ва дар пушти Кумитаи архитектура хонаҳои зиёди 2-ошёна ҳаст. Пештар мошинҳои оташнишонӣ озод мегузашт, ҳоло бошад мардум бору хариди бозорашро ҳатто бо моторолла базӯр меорад, роҳ нест, ки дигар гузаранд. Чунки ҳамаи ин роҳҳоро Кумитаи архитектура бо Кумитаи замин ва МБТИ фурухтаанд. Дар ру бо руи Кумитаи замин хонаҳои дуошёна қарор доранд. Ин корҳо пештар набуд, фақат дар давраи раисии Қурбони бех шуда истодааст. Дар муқобили бинои кумитаи замин аз таҳхона то боло ду ошёна хонаи истиқоматӣ сохта шуд.

Марҳамат биёянду хабар гиранд. Мақсади гапам ин аст ки маркази ноҳия ягон ҷойи холӣ намонд ва ин намуд корҳои ғайриқонунӣ дар тамоми маркази ноҳия авҷ мегирад. Аз ин ҷост, ки бачаҳои Кумитаи архитектура ва замин ва кормандони МБТИ бо мошинҳои гарон мегарданду хонаҳои гаронарзиш доранд ва сохта истодаанд. Кормандони Кумитаи архитектура Тағоев Фарҳод, Ҷамолиддин, Қиматулло Тохтамурод хонаҳои дуошёна сохтаву бо мошинҳо гаронарзиш мегарданд. Ва, аз ҳама бадбахтӣ ва мусибат дар он аст ки ба ҳамаи ин корҳои ғайриқонунӣ раиси ноҳия Қурбон Юсупов, Қурбони бех қуш аст. Чунки маълум аст беиҷозати раиси ноҳия саг намеҷакад ва тамоми қарори сохтмони дому хонаҳоро дар марказ ҳамин Қурбони бех бар ивази маблағ мефурушад.

Кор ба ҳадде кашид, ки замини боғи марказиро фурухтанд. Боғи маркази ноҳияи Вахш яке аз калонтарин боғҳои зебо дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт. Ин боғи истироҳативу тафреҳӣ 3-дарвозаи калон дошт. Якум дарвоза аз тарафи кучаи Лиманадни сех, дуввум дарвоза аз тарафи кучаи Карамова ва сеюм дарвоза аз тарафи майдони варзишӣ буд.

Хулосаи калом айни замон қариб, ки ними ин боғро фурухтанд. Медонед кӣ ва барои чи? Вақте ки генерал Девонаев Азизулло лиманадний сехро харида вайрон карда ба худша дворетс месозад дар он ҳолат мардум аз набудани ҷойи партов гоҳ -мусорҳояшонро оварда дар даҳани дарвозаи якуми боғ мепартоянд. Воқеан мусор зиёд пур мешуд. Ҳар дафъа генерал Девонаев Азизулло бо хонаш мерафту меомад, яъне ба ҳамон дворетсаш онҷо пури мусур буд ва гуё, ки нороҳат мешуд. Девонаев чанд бор ба КЖКП муроҷиат мекунад, аммо ҷавоб мегуяд, ки мо ҳамин қадар метавонем, дигар пул надорем, ки мусорҳоро зудзуд пок намоем:

« брен раиси ноҳияра бген. Кришаи генерал Девонаев Азизулло дар он вақт   гарени вазнин буд. Аниқтараш вазири мудофиа кришааш буд. Чанд бор ба хонаи генерал Девонаев Азизулло омада буд ва дар туйҳояшон иштирок мекард.

Хулоса Девонаев Азизулло  пеши раиси ноҳия даромада бо вай маслиҳат медиҳад, ки «ту замини боғи марказро барои сохтмони хона тақсим кун, ман ҳам ба ту кумак мекунам,ки ҳеҷ кас ҳечи нагата». Азизулло ба раиси ноҳия мегуяд, ки ту гуфтаи маро мекунӣ ва ман ҳам туро виручат мекунам. Масалан то вақте ман зиндаам ягон авлоди ту ва ҷиянҳоят ба хизмати ҳарбӣ намеравад. Раиси ноҳия розӣ мешавад. Дар он вақт раиси ноҳия, хато накунам Бароти бародари Қурбони бех буд. Ва,ҳамин тавр маслиҳат мепазаду корро шуруъ ва боғро комилан хароб мекунанд.

Барот яке аз расвотарин раиси Вахш дар таърихи ин ноҳия мебошад. Садҳо гектар заминҳои обиро шахсан Бароталӣ Юсупов фурухт.

Инро ҳам бигӯям, ки Девонаев Азизулло бо Девонаев Шарбат бародаранд, лек дар ҷойи мо онҳо мардуми омада ҳастанд, яъне местний нестанд ва боз ҳардуяшон қудо ҳам мебошанд.

Дар хонаи генерал Девонаев Азизулло сарбозон хизматгорӣ мекарданд, тамоми кори хонаашро мекарданд.  Ва ин сарбозон, бечораҳо гушна мегаштанд ҳатто нонашон намедод. Ва бачаҳояш ҳамроҳ бо худаш чунон мезаданд сарбозонро, ки харро он қадар намезаданд. Айб ҳам шавад домулло қасам ба худо сарбозҳо латаҳои хунини зану духтарашро мешустанд. Ин гапи худи сарбозон аст. Шабҳои дароз барои як бурда нон хона ба хонаи ҳамсояҳо сарбозон нонкобӣ мебаромаданд. Ин даҳшат аст.

Бигзор ин гуфтаҳои маро мақомот, аз ҷумла Дастгоҳи иҷрояи президент ё раиси вилоят Давлаталӣ Саид дида нисбати амалҳои ғайриқонунии раиси ноҳия ва ва заминфурӯшон чора бинанд.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз маҳаллаи Яккачинори Душанбе ҳастам. Домулло Зубайдуллоҳи Розиқро хуб мешинохтам. Ман ба шумо як сирро ошкор карданиам. Домулло Зубайдуллоиҳи Розиқ кушта шуд.

Яке аз ҳамсояҳои ман дар Идораи зиндонҳои Тоҷикистон кор мекунад. Вай гуфт, ки ҳаштуми сентябр гап -гап буд, ки генерал Мансур Умаров, сардори Идораи зиндонҳо худаш шаби 8 ба 9-ми сентябрро дар идора казарма гуфта мегузаронад, аммо боз чи гапе шуд, ки шабошаб рафт. Баъдтар фаҳмидем ва маълум гардид, ки гап сари чи будааст. Ҳамон шаб се маротиба Мансур Умаров ба Идора занг зада, ҳам аз навбатдор ва ҳам аз муовинонаш оиди чи гапу чап аст мепурсад. Гуё чизеро интизор буд. Ин ҳамсоям гуфт,ки мо хавотир шудем, ки боз ягон бунт ё шуриш дар ягон зиндон шуда бошад чӣ? Вале баъд аз онки хабари даргузашти яке аз аъзои баландпояи оппозитсия, як домуллои калонро дар зиндон фаҳмидем, гумонҳо ба яқин бадал шуданд. Ин ҳамсояи мо ба яке аз муовинҳои Мансур Умаров ранги шогирд асту ҳама гапу чапро мегуяндаш. Номи муовинро ҳам гуфт ва инак ҳоло ба шумо ман ҳам мегӯям, аммо беҳтар аст ифшо насозем, ки сразу мефаҳманд. Гуфт, ки имруз ба дараҷае Мансур Умаров хурсанд буд, ки гуфтааст «ай 8-уми сентябрай Президент ай ма хафаҳай. Хай дерам боша иҷро кадем, заказша, ина». Яъне закасаш пеш аз омадани сарони давлатҳо ба Душанбе як қурбонӣ кунем.

Хулоса вақте вазъи саломати Зубайдуллоҳи Розиқ бад мешавад ҳамроҳонашро берун мебароранду, гуё духтур медарояд. Аммо ду нафар даромада дасту пойҳои мусафедро қапида, як нафари дигар биниву даҳони домуллоро ба даст пушонида мекушанд. Баъди ин уколи Милдронат мекунанд, ки гуё барои қуввати дилаш, аммо успет накарданду укол фоида накард.

Ин ҳамсояи мо ҳамчунин гуфт, ки ҳар сари чанд вақт барои Раҳмонов ягон нафарро бояд аз мухолифин қурбони кунанд. Гуё то омадани Рустам ягон нафар на аз ҲНИТ ва на аз дигар маҳбусони сиёсӣ бояд зинда намонанд.

Гуё ҳозир нақшаи аз байн бурдани Маҳмадрӯзӣ Искандаровро, ки қарор аст соли оянда озод шавад, кашида истодаанд.

Барои он домулло Зубайдуллоро куштанд, ки хелеҳо обдасту намоз ёд дода намозхон карда будааст дар зиндон.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №285   появились сначала на ISLOH.net.

Номҳои шиканҷагарони зиндонҳои тобеи СРИҶҶ- ВА, ба Ислоҳ расид
Ислоҳ дар мавриди шиканҷаҳое дар зиндонҳо аз тарафи зиндонбонҳо сурат мегирад дунбол мекунад. Дар ин таҳқиқот мо тавонистем номҳои чанд золим ва шиканҷакунандагони зиндониҳоро пайдо намоем. Мансур Умаров диққати ҷиддӣ бояд диҳад вагарна ин шиканҷаҳо ӯро ба додгоҳи ҷаҳонӣ мекашонад!

Мансур Умаров!

Мо медонем,ки ин СИЗОро Хайров Лутфулло чандин вақте  ки ҳамчун замначалник кор кард, ба як бозор табдил дода буд.

Вақте як нафар айбдоршаванда инҷо медарояд аввал ӯро ба «стаканчик» мебаранд-ҷое, ки то мурдан одамро мезананд, «дух»-ашро снимат мекунанд, ба гуфти худашон «полпаталок» мекунанд. (Ҷаллодони  дар стаканчик:

Навруз аз Лучоб, ҳозир УИД-СРИҶҶ гузаштагӣ аст, чанде пештар  Акбари дароз- прапоршик аз Дурбати Ҳисор, Шамшод Сафаров лейтенант, Ҳомид аз Шарора, Ҷамшедча қайнии додари Мансур Умаров, Далер  началники  8-прадол буд, ҳоло зиндони №1 гузарониданд, Бахтиёр Садиров началник режим, Олим аз Советский, хеши Нуриддин Раҳмон, муовини аввли УИД, Шорух Ҳамроев, началники режим буд, ҳозир спецзона фиристоданд.

Баъдан ин нафари айбдоршавандаро ба камераҳои карантин мебаранд. Камераҳои старий прадол 2,3,4, то чил нафар барои 14 нафар аст дар ин камераҳо,то  40 нафарро ҷо мекунанд. Ҳаррӯз мезананд, издиватса мекунанд, 20 рӯз баъд раскидка мекунанд-ба дигар камераҳо мегузаронанд. Хайров Лутфулло ва Ҷамшед Соҳибназаров , масъули раскидка, касе пул диҳад камераҳои кам одам мепартоянд. Нархҳо аз 1500сомонӣ то 5000сомонӣ. Ҳар камераи беҳтарро дар назар дорем. Бепулҳо-камбағалҳо ба камераҳои серодам ва ифлос, бе свет, беоб ва бо фарши сементӣ гузаронида мешаванд.

Тарзи гирифтани пул бо телефон. Телефон метиян занг мезанӣ ва ба соҳибонат-наздиконат мефаҳмонӣ

Як дуздӣ ва ҷинояти дигар инки тамоми СИЗО аз ҳисоби маҳбусҳо таъмир мешавад. Вале барои пулдорҳо боз дар инҷо азоби дигар аст. Масалан Командир Илҳоми ботурободӣ прадол-ҷои хоби 8умро бо пули худаш таъмир кард

Ҳамин тариқ китобхона ва офитсерский столовий ва чанд ҷойи дигарро Илҳом Ҳотамов, Ҷамшед Зиёев, раиси «Тоҷпромбонк» Пардаалӣ Алимардонов-додари Муродалӣ Алимардонов(пули калонро доду озод шуд) Бахтиёри Бобоҷони домсози узбеки ҳисорӣ (ин ҳам пула доду озод шуд матлабаш дар Ислоҳ нашр шуд) Мардони сохтмончӣ, Сафолов Раҷабалӣ, Дадобоев Шариф, Тағоев Меҳрубон,ки сумдор буданд таъмир карданд.

Лутфулло Хайров замначалник   ва Ҷамшед Соҳибназаров началники ОРО ҳатто аз пули инҳо хонаҳои шахсиашонро таъмир карданд.

Ҳозир ҳам ин корҳо идома дорад. Мансур Умаров чаро пеши роҳи истисмору таҳқиру ғорати маҳбусонро аз тарафи зердастонат намегирӣ?

Мансур Умаров ва Музаффар Ашуриён вазири Адлия, ҳоло маълумотҳои зиёди дигаре дорем,ки вақташ омад ҳамаашро расонаӣ мекунем.

Аз ҳама хонандагони гиромӣ тақозо менамоем,ки дар мавриди афроди золиме дар ин нома номҳояшон омадааст маълумотҳое дошта бошед фиристед. Аксҳои ин золимон барои мо хело муҳиманд. Бояд чеҳраи махуфи ин золимони мардумозорро ҳама миллат бубинанду огоҳ бошанд. Мо мунтазири маълумотҳои шумо ҳастем,то онҳоро нашр намоем ва зулмро дар зиндонҳо коҳиш диҳем.

Сообщение Номҳои шиканҷагарони зиндонҳои тобеи СРИҶҶ- ВА, ба Ислоҳ расид появились сначала на ISLOH.net.