Архивы Вазорати корҳои хориҷӣ - ISLOH.net

Заминҷунбӣ дар консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург
Номаи маро алоҳида нашр кунед№12

«Барои чӣ дар аввал Одинаев Гулмудин Изомудинович гуфтаму ҳоло дар бораи Қамар гап мезанам. Чунки ин шахсро ҳама бо номи Қамар мешиносанд. Ин шахс дар консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия,шаҳри Екатеринбург қариб 5 сол аст бузӣ мекунад ва мардумро ба коргарони амният, ки аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонанд, мефурӯшад.

Масалан бо Беҳрӯз, ки намояндаи Кумитаи амнияти миллӣ дар шаҳри Екатеринбург буд ҳамкорӣ мекард. Вай рафт, чунки муҳлати кораш буд шуд.

Ин Қамар ба ФСБ  Россия ҳам  хабаркашӣ мекунад. Бо консулгарии Тоҷикистон бузӣ мекунад, яъне мардумро мефурӯшад.

Айни замон Қамар дар консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург посредник аст касеро, ки кораш афтад, миёнаравӣ мекунад. Пул мегирад ва бемалол медарояд ба дохили консулгарӣ, ки он ҷо танҳо кормандони расмӣ ҳаққи даромадан доранд. Аммо ӯ озод ворид мешавад, мисли «зеленный светофор». Ҳол он ки ягон вазифа ва мансаби давлатӣ надорад пас бо кадом ҳақ медарояд?»

Аз матлаби «Бузҳо»-и консулгарӣ дар Екатеринбург,13.10.2025

Бузҳои консулгарӣ-идомаи моҷаро: «Екатеринбург ларзид»

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!

Номаи аввалине, ки ман ба шумо навиштам ва таҳти унвони «Бузҳои консулгарӣ дар Екатеринбург» https://isloh.net/buzҳo-i-konsulgarӣ-dar-ekaterinburg дар рӯзи 13.10.2025 дар сафҳаи Ислоҳ мунташир кардед, бовар кунед, ки дар долонҳои ҳукумати Тоҷикистон, махсусан дар консулгарии Екатеринбург як заминларзаеро ба вуҷуд овард. Ин матлаб бисёр ҳам таъсири мусбат бор овард ва тамоми кормандони консулгарӣ, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия кор мекунанд, дар ҷунбиш заданд ва аз паи кофтукобу ҷустуҷӯи номанавис шудаанд: кӣ ҳаст ин нома навис?

Қабл аз онки ба номаи дуввум биоем, аз таъсири он хоҳам гуфт.

Заминҷунбӣ

Як барбар одамҳо дар тааҷҷуб ва ҳайрат афтодаанд, ки

«Э, и Иқбол ита чотка гуфте, ита бо далел гуфт, и як хел бузош ба сеҳарфаҳо расондаанд, ки ҳамитари гапу хабаро.

Як хелош, ки «хайрият, и мора нагуфтак, шарманда мешудем».

Аллоҳ шоҳид аст ки таъсири ин навишта аз фармони Раҳмонов ҳам сахттар шуд.

Забонат қанд бигардад устод. Бовар кун, ки зилзила, заминҷунбӣ шуд. Бомба дар Екатеринбург таркид.

Як барбараш талхакаф шудааст. У Қамар баъди нашри ин то ба имрӯз (25 октябр) ба фурӯдгоҳ  намеояд, ҳиҷҷо намебарояд. Наҷунбида истодааст. Дар куҷое кайф карда гаштааст. Ридаанд як барбараш.

Гапу чап урра рафта истодааст: «Э,и ай куҷо шид, ай куҷо гирифт? Иш да иш навори шуморо ройӣ мекунанд, ки ира бин, ки чи гапо рафтестай».

Ҳамин хел дар ларза даромадагианд, ки мегӯӣ ҳамаҷоро тарконда бошӣ. Чунки ончи чоп шуд, релано буд, ягон чизи дуруғ надошт.

Қамар дар эзораш тар карда таъҷилан пеши сеҳарфаҳо рафтааст, ки «я,бало кнен, ҳамира ёрдам кнен биёбем». Баъди нашри матлаби «Бузҳои консулгарӣ дар Екатеринбург» як чизи дигарро фаҳмидам, ки мақомотҳои инҷо-Русия ҳам саддарсад гӯш ва тамошо мекардаанд, месанҷидаанд, мефаҳмидаанд. Ин масъаларо нав фаҳмидам.

Бузҳо аз хоб монданд ва агар мабодо бо онҳо рӯбарӯ оӣ мегуӣ, ки бемор шуданд: сахарний диабет-қанд дорад ё ки рак- саратон дорад.

Натиҷа ва таъсири аввалин номаамон хело хуб аст. Ҳоло ҳамаро пурсу пос доранд, ки бифаҳманд ва чизе, ки медонанд ба Қурбони амниятӣ расонанд ва супориш шудааст аз Тоҷикистон, ки ҳамин шахсиятҳоро аниқ кунед. Зимнан вақте Шоҳ Искандар начальник милисаи Турсунзода буд, ин Қурбон дар ҳамон отдел дар уголовний розиск кор мекард. Духтарони ноболиғро ғам медод, гап мепартофт. Як руз як духтаракро дар роҳи мактаб гап партофт. Он духтар гуфт изо намекашӣ? Духтарро ҳақоратҳои безеб ва таҳдид кард. Ӯро ягон кас ягон чи намегуфт. Баъд аз онки бисёри бад гузаронд баъд аз Душанбе омаданду бурданаш барои порахӯрӣ.

Ҳоло дигар дар консулгарӣ коре надоранд. Ба ҷои он ки пеши ин бузҳояшонро гиранд ва ба ин корҳои пасти худашон нуқта гузоранд, хотима диҳанд, аз паси ин шахсон шудаанду номанависро мекобанд. Медонед барои чӣ? Барои онки дегашон (нафсашон) аз ҷӯшиш намонад. Барои онки инҷо миллионҳо миллионҳо рубл давр мехурад, муфт ба дасташон медарояд. Маоши мегирифтаи консулу кормандонаш ба хароҷоти зиндагиашон намерасад. Ин шо Аллоҳ, ки номанависро намеёбанд. Қисса кутоҳ, ба номи Худо беҳад, таъсири вазнин расонд- ногуфтанӣ, зӯр!»

Зафар Саидзода, собиқ сарконсули Тоҷикистон аст

Сарконсули феълии Тоҷикисон дар Екатеринбург ҳам Зафар ном дорад. Зафар Саидзода, собиқ сарконсули Тоҷикистон ҳоло дар кадом Пажӯҳишгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Душанбе ба кор пардохтааст. Вай 31 декабри соли 2024 аз кор озод шуда буд. Ба Екатеринбург соли 2019 дар айни авҷи касалии фарогири Ковид омада буд.

Лекин ин бузҳо бо ҳамон Зафар Саидзода ҳам ҳамон хел буданд. Ин нафари омада дар ҷойи Саидзода ҳам номаш Зафар аст. Аксашро, ки равон кардам дар бари Қамар ҳамон аст. Аз рӯи суҳбатҳояш, тарзи гапзаниаш аз тарафҳои Хуҷанд аст. «Гапу хабарҳои асосӣ» дар Екатеринбург асосан ба ӯ ва Ганҷалӣ марбут аст. Ҳамаи ҳуҷҷатҳоро бо Ганҷалӣ бо ҳам омодаву тиҷорат мекунанд.

«Гуля кист?»-нақши як миёнарав

Дар идомаи нома дар бораи як хонум менависам. Ин хонум Меликова Гулия ном дорад ва вай ҳам посредник аст. Ин Гуля дар консулгари неву дар ФМС дар пенсионний фонди Екатеринбург кор  мекунад. Вай мардумро хело ҳам фанду фиреб мекунад ва мардуми ҷабрдида ба консулгарӣ дар Екатеринбург муроҷиат мекунанд, ки ба додашон расанд. Аммо консулгарии Тоҷикистон дар инҷо ба ҷои он ки аз ин қаллоби Гулия пули мардумро гирифта диҳад бо пуштибонии маҳз ҳамин Қамар, ки суперпосредник ҳаст ин қаллобро ҳифозат мекунанд. Чаро?  Чунки аз Гулия пул-пора мегиранд. Ва  Қамар як қисми пулро ба худаш як қисми дигарашро  ба Қурбони амниятӣ ва Зафари консул медиҳад. Ва ин Гулия дар ҳама ҷойҳо мегӯяд, ки «ҳеҷ кас ҳеҷ чизам гуфта наметавонад. Ман доляи Қурбон ва Зафарро медиҳам, касе чизе маро намегуяд. Инҳо ҳам як ҳаромхуранд, ин консулгариаш ҳам, аку даъво кардӣ чи фойда гирифтӣ?»  Ҳаққи Зафару Қурбонро ба воситаи Қамар додам, ҳеҷ чизам нагуфтанд. Аку пулта доданӣ будам дигар намедиҳам». Ба як нафар қарздора Гулия айнан ҳамин тавр гуфтааст.

Мошенники рақами 1-и  Екатеринбург Гулия мебошад.

Ин Гулия аз 7 миллион рубл зиёдтар аз мардуми муҳоҷири тоҷик гирифтааст вале барнамегардонад ва мегардӣ аз пасаш, туро заблок кардааст, намеёбиаш. Ин Гулия келини ҳамин Ганҷалӣ аст.Т ахминан ягон 7 моҳ пеш ба додари ҳамин Ганҷалӣ Исоқов бо номи Далери дузд ва герчик ба шавҳар баромада аст.
Тибқи маълумоти ватсапи Гулия вай- Меликова Гулия тахминан 30 то 38 сола аст.
Ва боз ин Гулияро як чанд коргари собиқи Вазорати корҳои дохилӣ ҳимоят мекунанд. Барои ҳамин мардум пулҳояшонро гирифта наметавонанд аз дасти ин сархури Гулия. Бисёр беваи шаттоҳ аст: «пулта мегирад, коратро анҷом намедиҳад ва туро заблокироват мекунад».

Гулияро Қурбони амниятӣ ва Зафар низ (ҳоло иҷрокунандаи вазифаи сарконсул дар Екатеринбург) ҳимоят мекунанд ва боз чанд нафар, ки коргари давлатӣ нестанд.

Ганҷалӣ мегӯяд, ки «Ёр шогирди акаам аст. Акаи ман Ашур ном дорад, полковники собиқ ҳаст ва дар тамоми ҷойҳо одам дорад. Инки Ашӯр корманди пешини милиса аст, дар воқеъ ҳамин тавр будааст, аммо Ашур рутбаи полковникӣ дорад ё не, номаълум. Вай бо як шогирдаш, собиқ милиса  бо номи Ёр ё Ёрмаҳмад ва як таксист, ки Эраҷ ном дорад ва дигараш Хусрав дар фурудгоҳи Екатеринбурги Русия кор мекунанд, сумка мепечонанд. Нафари дигар дар онҷо Дима ҳаст, ки вай низ аз ин Гулия ҳимоят мекунад.

Аксҳои инҳоро мефиристам -яъне Ёр, Эраҷ, Хусрав ва дигараш Дима, ки Хуршед аст номаш ки аз Қабодиён ҳаст. Дима қариб ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилии аз Точикистон меомадаро пешвоз мегирад ва гусел мекунад. Хабаркаш-буз аст. Дар бораи муҳоҷирҳо маълумоти даркорӣ барои онҳоро дастрасашон мекунад. Яъне дар хизмати онҳо ҳаст.

Барои чи инҳо аз Гулия ҳимоят мекунанд, намедонам. Шояд, ки барои ягон ҳуҷҷатҳояшон кумак карда бошад,шояд.

Бародар, ин маълумотҳоро ман хело шуд, ки ҷамъоварӣ мекунам. Ва то ҷое, ки медонам ба Ганҷалихон ҳам он суханҳое,ки дар вақти кайфаш задааст, дарди сараш шудаанд. Ва вай инкор карда истодааст,ки ман нагуфтаам ҳеҷ чизе.
Ин гапҳоро ба ман туҳмат кардаанд, гуфта гаштааст. Ганҷалӣ мегуфт, ки «ман бо писари Ҷаноб яъне Рустам рафтуомад дорам ва аз вазъияти ин минтақа ба Рустам мерасонам. Гоҳе маст мешавад, Рустамро дашном мекунад, ки «вай як герчикай к@и оча?падараш як ҳаромай? як ойлаи гушначашман инҳо» гуфта таҳқир мекунад оилаи президентро Ҳоло акнун аз ин гапҳояш мункир шуда истодааст.

Агар туҳмат бошад, марҳамат камераҳои консулгариро санҷед, ки Ганҷалӣ дар як рӯз чи қадар ва чанд навбат медарояд мебарояд. Вақте ки ин гапҳо рост набошанд ин ду нафар чи дард доранд дар консулгарӣ ҳар рӯз то чандин маротиба медароянду мебароянд.
Инҳо ба ҷои он ки ислоҳ шаванд ва такрор накунанд боз паси номанавис гаштаанд ва тамоми кушишашонро барои пайдо ва ошкор кардани нома навис харҷ карда истодаанд. Вақте ки туҳмат набошад, пас чи дард доред? Хубаш ин аст ки ба мардуми мазлуми тоҷик ҷабр накунед ва касе ба шумо коре надорад.
Бародар шумо бидонед, ки ман чи қадар  кушиш мекунам, ки дасти ин наҷисонро аз болои мардуми муҳоҷир дур кунам. Ҳоло инҳо ба Қурбони амният номи чанд нафар шахсонеро, ки гӯё болои онҳо шубҳа доранд, ягон вақте бо онҳо ягон муноқиша ва баҳс карда бошанд, додаанд, ки онҳоро тафтиш кунанду санҷанд.

«Дар МИД чӣ гузашт?»-ҷаласаи пӯшида

Бинобар як маълумоте, ки ба дасти мо расид  масъалаи консулгарии Екатеринбург  баъди нашри матлаб дар Ислоҳ  («Бузҳо»-и консулгарӣ дар Екатеринбург,13.10.2025)дар як ҷаласаи муштараки пӯшидаи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва Кумити давлатии амниятӣ миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Бахусус ба адреси консули нав,ки ҳоло фурсати зиёде ҳам нашудааст,ки инҷо омад,гапҳои пасту баланд задаанд,ки аз аввали кораш чунин бемасъулиятӣ зоҳир кардааст.

Мавзӯъҳои бардошташуда:

Муошират бо муҳоҷирон: «Онҳо замонати амният ва осудагии давлатанд; муносибат бояд дуруст бошад.»

Фурӯши аснод: «Вазнини нархгузорӣ. Нархҳои расмӣ ва пораҳо тавассути миёнаравҳо ду-се баробар боло мераванд-хатарнок аст.»

Интиқоли тобутҳо: «Гоҳе Сомон Эйр тобутҳоро намегирад; шаҳрвандон маҷбуранд бо рейсҳои русӣ ва бо харҷи зиёд интиқол диҳанд. Миёнаравҳо дар намояндагиҳо корро кашол медиҳанд. Бо қарори давлат, Сомон Эйр бояд тобутҳоро бепул орад.»

Дар вазорати хориҷӣ аз консулгарӣ интиқод кардаанд,ки чи гуна ин нафарон,ки корманд нестанд бепӯштпӯшт вориди бино мешудаанд. «Як тарзе кор баред,ки ноаён бошад ва то ин дараҷа ошкоро набошад».

Аммо намояндаи КДАМ пешниҳод кардааст,ки «бояд дар рӯзҳои наздик як ҷаласа бо иштироки тамоми консулгариҳо ва сафоратҳои Тоҷикистонро дар Душанбе ташкил кунанд. Чунки аз фаъолияти онҳо бисёр ҳам маълумотҳои манфӣ ва бад расида истодааст.

«Мо мефаҳмем, ки дар ҳақиқат кор душвор аст, онҷо зиндагӣ гарон аст, маошатон кофӣ нест. Вале бояд тарзе кард, ки то ин сатҳу вусъат ошкоро набошад. Аз сафорати мо дар Маскав ҳам чунин шикоятҳо шуд, аз консулгарӣ дар Уфа ва Санкт-Петербург ҳам. Онҷо муҳоҷирҳо ҳастанд, онҳое, ки замонати амният ва осудагии давлатанд. Бо онҳо мо вазифадорем, ки муносибати дуруст кунем. Мо бо онҳо агар муносибатамонро на дағалона, балки дуруст ба роҳ андозем, худашон дипломатҳои моро розӣ мекунанд.

Фурӯши аснод, аз ҷумла возврашение на родину, паспорт, ё ягон санади ҳуқуқии дигар бояд таҳти контрол шавад. Чунки нархе, ки расмӣ ҳаст ва ҳатто порае, ки дар консулгарӣ ва сафорат мегиранд тавассути миёнаравҳо то дуву се баробар боло меравад. Ин тамоман хатарнок аст».

Барои санади интиқоли тобут ҳам гапҳои пасту баланд шудааст. «Сомонайр гоҳо амдан тобутҳоро намегирад ва шаҳрвандон маҷбуранд бо рейсҳои русӣ ва бо харҷи зиёд интиқол диҳанд. Онҷо ҳам миёнаравҳои намояндагиҳои дипломатӣ корҳоро каша карда истодаанд. Дар дасти мо фактҳое ҳаст, ки онҳоро розӣ мекунонанд, ки бо нархи 70-60%-и парвозҳои ҳавопаймоҳои русӣ ба Сомонайр бигиранд. Зеро Сомонайр бо қарори ҳукумат ва парлумони кишвар бояд тобутҳоро бепул оварад».

Ин намояндаи КДАМ ба вазорати хориҷӣ тавсия додааст, ки бояд ҷилави ин ҳама бебандубориҳо гирифта шавад.

Аммо дар вазорати хориҷӣ, тибқи маълумоти расида, аз корманди амният Қурбон ва корҳои вай чизе нагуфтаанд, эроде нагирифтаанд. Аҷобат дар дигар чиз аст. Ончики дар консулгарии Екатеринбург вуҷуд дораду мо навиштем дар ҳама консулгариҳои Тоҷикистон дар Русия вуҷуд дорад. Инки инҷо пораву ришва мегиранд, инки инҷо нархи аснодро дучанду сечанд боло мекунанд ва аз вазъияти тупики муҳоҷирон истифода мекунанду базӯрӣ пул меканнад, инки инҷо муҳоҷирони пулдорро тавассути МВД ва ФСБ метарсонанд кори муқаррарии консулиҳои Тоҷикистон аст.

Дар ҳоле ки мебоист як комиссяи ташкил карда омада месанҷиданд ва коре мекарданд, ки мардуми муҳоҷир бифаҳмад, ки онҳо бесоҳиб нестанд, манбаи даромад ва пулкоркунӣ нестанд, ҳукумат дар пушташон аст. Онҳо одаманд, ҳақу ҳуқуқ доранд, ғурур доранд.

Ин сару садоҳо ҳам ба вуҷуд омадааст, ки ин корро Зафар Саидзода ташкил кардааст. Чунки ҳоло мехостааст, ки инҷо биистад. Зафар Саидзода гуё тавассути одамонаш маълумотҳоро ба «Ислоҳ» расонидааст.

Дар охир ҳаминро мехоҳам бигӯям бачаҳои мо, умуман тамоми муҳоҷирҳо дар Екатеринбург аз Қамар бисёр эҳтиёт кунанд. Ин Қамар, ки дар гузашта аз шогирдҳои генерал Шоҳ Искандар буд, як вақтҳо дар шӯъбаи милисаи Турсунзода кор мекард. Он вақт Шоҳ Искандар сардори милисаи Турсунзода буд. Вай дар онҷо мардумро бисёр зулм карда будааст. Бо пора қапиданд ва бачаҳои УБОП-Раёсати мубориза бо ҷарими созмонёфта аз даруни худи отдели милиса дар дастонаш наручник баста задазада бурданаш. Як, ду сол ё се сол шишту баромад ва рафт Русия. Ӯро худашон бароварданд ва Русия роҳӣ карданд, барои информатсия ҷамъ карда роҳӣ кардан. Вайро специально байни муҳоҷирҳо партофтанд. Ин гуна бераҳмҳои хабаркаш ба инҳо даркор аст. Хулоса, бузаш карда фиристонданд.

Охирсухан

Имрӯз ҳар муҳоҷири тоҷик дар Русия на танҳо коргар, балки шоҳиди зиндаи беадолатиҳои ҳукуматест, ки номи миллатро ба нархи пора ва тиҷорати шахсӣ паст кардааст. Консулгарие, ки бояд паноҳгоҳи шаҳрванд бошад, ба бозори фурӯши одам, санад ва виҷдон табдил ёфтааст.

Қамарҳо, Ганҷалиҳо, Гулияҳо ва садҳо номҳои дигар-инҳо танҳо рӯйи айсберганд. Зери он шабакаи бузурги фосидон ва хиёнаткорон пинҳон аст, ки бо номи давлат амал мекунанд, вале ба дилу обрӯи миллат ханҷар мезананд.

Вақт расидааст, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон-ҳар муҳоҷир, ҳар озодандеш-бидонад: хомӯш мондан баробари ҳамдастӣ бо зулм аст. Ҳақро бояд гуфт, ҳатто агар поён кардани як системаи фасодро маъно диҳад.

Зеро миллатеро, ки ҳақиқатро мегӯяд, ҳеҷ гоҳ наметавон шикаст дод.

Сообщение Заминҷунбӣ дар консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург появились сначала на ISLOH.net.

«Бузҳо» -и консулгарӣ дар Екатеринбург
Номаи маро алоҳида чоп кунед№10

Муҳоҷират як зиндагии сахт аст. Ҳазоруяк мушкил дорад. Аммо, ҳамватани мову шумо ногузир ва ночор аст ки рӯ оварад ба муҳоҷират, то рӯзгорашро пеш барад.

Екатеринбург яке аз шаҳрҳои калони Русия аст ки баъди Маскав ва Санкт-Петербург шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар онҷо бисёр мебошад.

Хушбахтона, дар ин шаҳр «Ислоҳ» шумори қобили мулоҳизаи хабарнигорони иҷтимоии худро дорад,ки ҳар кадоме ба таври ҷудогона бо мо дар иртибот шуда аз ҳавлу ҳоли муҳоҷирон иттилоъ медиҳанд.

Яке аз ин хабарнигорони мо, матлаберо дар робита ба нафарҳое, ки ба ҳайси муҳоҷир дар Екатеринбург иқомат мекунад, аммо кору борашон иборат аз хабаркашиву фурушофурӯши ҳамватанони ғарибу мусифири мову шумо аст ва аз ҳисоби онҳо даромад ҳам мегиранд, зиндагии худро мечархонанд, фиристодааст.

Ин фурӯмояи буз на фақат ба консулгариву КДАМи Тоҷикистон ба ФСБ-и ФР ҳам ҳамкорӣ, аниқтараш бузӣ мекардаанд.

Бо нашри ин матлаб, ки муаллиф хостааст онро дар гӯшаи «Номаи маро алоҳида чоп кунед» аз ҳамватанони муҳоҷири худ дар ин шаҳр даъват мекунем, ки дар муомила ва муносибат бо ин нафарҳо аз эҳтиёт ва ҳушёрӣ кор бигиранд. Ин нафарон киҳоанд, дар навиштаи зер маълумот мегиред:

Шабакаи хабаркашон дар атрофи консулгарии Тоҷикистон

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуху бародари ҳақгуй. Бовар кунед суханҳоят ранги теғи буранда аст. Касеро, ки дар борааш гап мезанед ҳатман чораи ӯро мебинанд.

Мо ҳоло дар бораи як бузи хабиси бангӣ гап мезанем,ки бисёр вақт дар ҳолати кайф аст, банг мезанад мегардад. Як хел вақт бангзаниро як ҳафта давом медиҳад, чунки ҳам арақ мехӯрад ҳам банг мезанад.

Ин шахс Одинаев Гулмудин Изомудинович 12.11.1987 соли таваллудаш, аз шаҳри Қурғонтеппа (Бохтар) ҳам шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳам  шаҳрвандии Федератсияи Русияро дорад.

Одинаев Гулмудин Изомудинович як бузи хатарнок дар миёни муҳоҷирин дар шаҳри Екатеринбурги Русия аст.

То мардум нагуянд, ки дар ҳақи инҳо туҳмат мекунам чанд аксеро равон мекунам, ҳамчун далел, ки консули собиқи Тоҷикистон бо ифтихорнома ин Қамарро сарфароз мекунад. Бовар кунед ҳамин Қамар дар чанд ҷой гуфт, ки «э,инҳора аз як камаз зиёд бори консули собиқа равон кардаги ҳастам. Боз ҷояш мия и курнамако, ки қатит гап мезанан инҳо як ҳаромхуран то пулшона нагиранд, корта буд намекунанд, хубиҳои инсонро тамоман ба назар намегиранд».

Баъд, ман гуфтам ту чи чизҳошун  равон кардӣ, ки минаташон мекунӣ? Гуфт: масалан чи хели бор- телевизорҳои қиммат, магнитофон, шоколод, банан, хулоса, тамоми чизро равон мекардам ба Консул Зафар Саидзода.

Ҳоло боз дар хизмати консулу коргарони нав аст ин Қамар. Дар Тоҷикистон аз номи Шоҳкомандир гап мезанад, ки Шоҳ язнаам аст «ненералай гапзанша ме@м» Дар ҳақиқат чи хешие ба зани Шоҳкомандир дорад.

Ин Қамар тамоми ҳуҷҷатҳои қалбакиро барои муҳоҷирон месозад. Ба Худо қасам, дурӯғ намегӯям: права шаҳодатномаи ронандагии Русия барои тоҷикон ва ӯзбекҳо, справка неженатый, справка о возврашении на родину ва ғайра ҳамаашро сохта медиҳад. Пулашро диҳӣ, ҳар гуна ҳуҷҷати қалбакӣ тайёр мекунад. Хулоса, ба тамоми ҷиноят даст мезанад.

Барои чӣ дар аввал Одинаев Гулмудин Изомудинович гуфтаму ҳоло дар бораи Қамар гап мезанам. Чунки ин шахсро ҳама бо номи Қамар мешиносанд. Ин шахс дар консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия,шаҳри Екатеринбург қариб 5 сол аст бузӣ мекунад ва мардумро ба коргарони амният, ки аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонанд, мефурӯшад.

Масалан бо Беҳрӯз, ки намояндаи Кумитаи амнияти миллӣ дар шаҳри Екатеринбург буд ҳамкорӣ мекард. Вай рафт, чунки муҳлати кораш буд шуд.

Ин Қамар ба ФСБ  Россия ҳам  хабаркашӣ мекунад. Бо консулгарии Тоҷикистон бузӣ мекунад, яъне мардумро мефурӯшад.

Айни замон Қамар дар консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург посредник аст касеро, ки кораш афтад, миёнаравӣ мекунад. Пул мегирад ва бемалол медарояд ба дохили консулгарӣ, ки он ҷо танҳо кормандони расмӣ ҳаққи даромадан доранд. Аммо ӯ озод ворид мешавад, мисли «зеленный светофор». Ҳол он ки ягон вазифа ва мансаби давлатӣ надорад пас бо кадом ҳақ медарояд?

Нафари дуввуми консулгарӣ зане ҳаст бо исми Дилафрӯз. Дуюм шахсият дар консулгарӣ. Ин Қамар ҳам ба худаш ва ҳам ба духтарчаи ҳамин зани консулгарӣ ба номи худаш симкорти русӣ гирифта дод. Агар бигӯед, ки туҳмат мекунам, марҳамат симкартаи Дилафрӯзро санҷед, ки ба номи кӣ аст. Сайвалӣ мегуяд, ки гулаш оварду аз фурудгоҳ пешвозаш гирифт «и қати консул зурай».

Қамар бо Сайвалӣ (аз Қабодиён) аэропорти Екатеринбург, ки Кольцово ном дорад  меравад ва дар онҷо ҳам мардумро фиреб медиҳад.

Устод ман худам аз Қурғонтеппа ҳастам ва бисёр корҳои ин Қамарро аз Сайвалӣ, ки бо ҳамроҳи Қамар дар фурудгоҳи Екатеринбург посредник ҳастанд, шунидаам.

Сайвалӣ як беақл аст ва кличкааш Булдок. Вале сахт қаллоб аст. Қариб тамоми мардуми Қабодиён, ки дар Екатеринбург зиндагӣ мекунанд аз дасти Сайвалӣ фиреб хурдагианд. Агар бовар намекунед, марҳамат ба Сайвалӣ занг занед ва гӯед, ки ман ҳуҷҷат надорам, метавонӣ аз милисаҳо гузаронӣ? Мегуяд, ки бале. Ҳол онки милисаҳо қариб, ки ҳуҷҷат тафтиш намекунанд. Тафтиши ҳуҷҷат мекунанд вале гоҳ- гоҳе хело кам.

Сайвалӣ мегуяд, ки Қамар бо ФСБ ҳамкорӣ, яъне бузӣ мекунад. Пурсидам, ки чи хел кор мекунад? Гуфт аз ҳолат огоҳ мекунад, ки тоҷикҳо дар инҷо ба чи корҳо машғуланд, яъне хабар мерасонад. Масалан чи хел инҳо пул кор мекунанд, чанд пул кор мекунанд, ҷойи зисташон дар асл дар куҷо аст, кадомаш документ дорад. Масалан аз фурудгоҳи Екатеринбург ту ҳуҷҷат надорӣ вале хона-ватан меравӣ. Онҷо асосан ҳама чиз дар дасти ФСБ аст-погранвойск инҳо ҳама фсбешникҳо. Мегуяд, ки 10 ҳазор рубл медиҳиӣ мо мегузаронемат. Дар ҳоле, ки   қариб, ки ҳуҷҷат тафтиш намекунанд дар ин фурудгоҳ. Мардум хаёл мекунанд дар фурудгоҳ беҳуҷҷат даромада намешавад ва ночор ба ин қаллобон- Сайвалӣ ва Қамар телефон мекунанд. Ва инҳо мегуянд, ки паспортҳоятонро равон кунед ба мо ҳал мекунем ва боз талаби пул мекунанд, ки пули аз милисаҳо гузарониданро низ парто. Ту мепартоӣ: аз ду то панҷ ҳазор рубл. Инҳо беҳеҷ чи дар ҷайб пулро мезананд.

Ё ки масалан загранпаспорти Русия надорӣ. Агарчи шаҳрвандии Русия ва Тоҷикистонро дорӣ сарҳадбонони Русия туро мегардонанд аз фурудгоҳ, ки рав паспорти хориҷии Русияро куну баъдан рав Точикистон. Ту боз ба суроғи Қамар меравӣ ва ба Қамар то 20 ҳазор рубл медиҳӣ ва ин паспорти туро мегирад. Сураташро бо телефон ба сарҳадчиҳои фурудгоҳ равон мекунад бо номи Шомил, ки аз Доғистони Русия ҳаст, ки дар телефони Қамар номаш Alex навишта шудаааст мепартоя ва туро сарҳадбонони Русия иҷозат медиҳанд меравӣ Точикистон.

Ҳоло ин сархури Қамар бо нафаре бо номи Қурбон ҳамкорӣ мекунад. Яъне бозичаи Қурбон аст.

Ин Қурбони амниятӣ бисёр одами хунхор аст. Мардумро таҳдид мекунад ва бо ҳар роҳе, ки набошад, пул мегирад

Ин Қурбон худашро хеши СС.Ятимов мегирад ва мегуяд «ма фархориюм, хеши Ятимовум гапзанша фалон мекунам». Қамар бо вай ҳамкорӣ мекунад ва ҳамаро хабар мекашад. Бовар кунед ин Қурбони амниятӣ, ки ҳоло Екатеринбург омадааст русиро намедонад. Инҷо бояд шахсе кор кунад, ки забони русиро донад. Дар Русия  забони русӣ лозим аст ва бояд донад. Аммо афсус, ки ин хеши СС.Ятимов (ин ҳақиқат дорад ё не инашро Аллоҳ медонад) русиро намедонад.

Қамар мазоҳу масхарааш мекунад ин Қурбони амниятиро, ки русиро намедонад. Ман набошам инҳо гушна мемонанд мегӯяд.
Боз Қурбон Қамарро гуфтааст, ки «як мулло биёвда як б@мша». Мақсад  резултати корӣ кунад. Ин гапро Қамар дар ҳама ҷойҳо гап мезанад, ки Қурбон муллоҳора бисёр бад мебинад ва беимон аст. Ва Қамар дар як ҷо дар назди рафиқонаш гуфта аст ки Аллоҳи пок шоҳид аст ки дуруғ намегуям ҳамин гапро Қурбон гуфт. Гуфт, ки як мулло биёвда як фалонаш кунам ва резултат кунамша. Баъзе муллоҳоро худи Қамар занг мезанад, ки акаи Қурбон мехоҳад бо ту суҳбат кунад.

Бисёр одами беимон бетавфиқ ҳаст ин Қурбон. Бузи рақами яки ин Қурбон Қамари бангии арақнуш аст.

Боз шунидам, ки Қурбони амниятӣ шаҳрвандии Русияро низ дорад, ки ин ҳеҷ мумкин нест як коргари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ду шаҳрвандӣ дошта бошад, ин ғайриқонунӣ аст.
Бовар кунед ин Қурбони амниятӣ мардуми Екатеринбургро дар ҷонаш задагӣ аст.

Қамар дар ҳама ҷой мегуяд, ки «э,и Қурбон як бесаводай, як ҳаромхурай. Ман роҳи пулкоркунира нишон додамша дар Екатеринбург. Ман набошам и мембурад гушнагира. Ҳама консулгариҳо аз ман муттаҳаманд, мана зора мекунанд, ки боромона равон кунед, мана хушомад меган, ки чизойе, ки аз пора ҳаст масалан телевизор, диван, шифонер, гилем, холодилник, стиралка ва ғайраҳоро ман роӣ мекунам».
Боз ин Қамар дар парвози Сомонайр  худашрро ҳамчун представител- намояндаи ин авиакомпания ҳам мегирад. Ва бо духтароне, ки дар стойкай регистратсия мешинанд, борҳоро равон мекунанд созиш ва маслиҳат кардаги аст. Агар шахсеро, ки бораш аз нормааш зиёд бошад, пешат меояд ва мегуяд, ки агар дар «уҷа супориш пула сари ҳар кило аз 500 рубл боло ҳаст, биё ман 350 то 400 рублӣ гузаронам, пула бегона накун» ва ҳамин гуна гапҳоро гуфта борҳоро мегузаронад ва ба ширкати ҳавопаймоӣ зарар мерасонад ва аз ин пуле, ки мегирад ягон дирамашро ба ин ширкат намедиҳад ва худаш мегирад ва як қисматашро ба духтароне, ки онҷо кор мекунанд медиҳад ва боқимондаашро ба ҷайби худаш мезанад. Дар як рейс аз 30 то 50 ҳазор рубл боло кор мекунад.
Ва дар ҳама ҷо Қамар боз лоф мезанад, ки ҳар рӯзе аз 30 то 50 ҳазор рубл кор мекунам. Дар консулгарӣ дар Екатеринбург аз ҳисоби посредникиям аз вақте ки апаи Дилафрӯз омадааст корҳоям зӯртар шуданд: «Онҳорам метиям ҳақашона онҳорам хурсанд, манам хурсанд».
Қамар дар ҳамаи ҷо гуфта истодааст, ки «мана апаи Дилафрӯз қатим ранги лубовникмай, кадом рӯзе чикореш мекунам. Бевай зурай шавҳар надорад ирам маълумай, ки мефораша ай ман».

Устод Муҳаммадиқбол, дар бораи Қамар боз дар барномаҳои оянда хоҳам навишт. Инҷо боз дар бораи дигар бузи бисёр ҳам хатарноктар гап мезанам. Ин буз Исоқов Ганҷалихон Ҷураевич, аз Восеъ ҳастанд ва дар Екатеринбурги Русия хона дуто ва се зан дорад.

Газел дорад дар хатсайр кор мекунад даромади хубе аз ҳисоби посредникиаш мегирад. Инҳо 5 ё ки 6 акаву додар ҳастанд. Бо номҳои Исоқов Ашур ва Исоқов Зокир, Исоков Ганҷалихон ва дигараш Далер  ном дорад. Ин Далераш ду бор бо дузди суд шудагӣ аст. Бангу нашаву героину ҳамаашро мезанад.

Аз мобайни инҳо хатарноктарашон Исоқов Ганҷалихонашон аст. Ба Аллоҳ қасам ки як бузи хатарнок аст: ҳам ба ФСБ ва ҳам ба консулгарӣ ва ҳам бо органҳои Тоҷикистон сахт хабаркашӣ мекунанд.
Ин Ганҷалӣ ҳам посредник аст. Дар консулгарии Екатеринбург бо Зафар Сайид, консули пешин сахт движуха мекард. Яъне кашелоки Зафар буд. Масалан справка о возврашения на родина ё ки загранпаспорти Тоҷикистон лозим бошад дар ду то 3 руз мекунад, бо маблағи аз 30 то 50 ҳазори русӣ.

Ганҷалӣ дар як рӯз чандин маротиба медарояд мебарояд консулгарӣ.
Ин Ганҷалӣ буз боз наворбардор аст дар туйҳо ва барандагӣ ҳам мекунад. Хело дар гап моҳир ва ширинсухан аст. Ин Ганҷалихон дар туйю маъракаҳо, вақте ки даъват мешавад, маблағи хароҷоти туй ва соҳибони туй ба чикор машғуландро ҳатман ба ФСБ ва консулгарӣ хабар медиҳад. Масалан агар шумо аз Тоҷикистон ягон овозхон овардед ва хароҷот кардед ин хабар медиҳад, дар ҳоле, ки худаш барандаи туй аст ва худаш ҳам пул мегирад ва боз як дастархони калон карда медиҳанаш. Ҳатто  фалон инсон дар ҳофизаҳо ин қадар сум масраф кард дар раққоса ин қадар пул расход кардро мерасонад ва ҳатто навору сурат ҳам гирифта месупорад.

Баъди ин  барои кадом идҳои давлатӣ консулгарӣ туро даъват мекунад ва мегӯяд як қисмати масрафи ҳамин иди давлатиро ба уҳда мегирӣ. Вақте шумо надорам мегуед он навору аксҳоро нишон медиҳанд ва таҳдиду шантаж карда мегуянд, ки «э, ту иқа пула артисту раққоса овардию барои давлати хута обруша хезондан надорӣ, ёки ба хоинҳо ҳамкорӣ дорӣ, ки дар бари Ҷаноб намеистӣ, барои ободии ватан намекунӣ».

Ҳамаи ҳамин аз руй ҳамин Ганҷалӣ наворбардор ва баранда ҳаст, бузӣ кардааст.
Масалан як нафар бо Ҷамшеди Шрам соҳибкори тоҷик дар Екатеринбург ҳаст. Якчанд мағозаи либосфурушӣ дорад. Ҳамин Ганҷалӣ ба ФСБ фурухт, ки ин пули калон масраф кард ба ҳофизаҳову раққосаҳо. То ҷое, ки шунидам ба Ҷамшед чи проблемае шуд.

Ин Ганҷалӣ вақте ки маст мешавад ва бангро мезанад дигар даҳонаш воз мешавад ва гуфтан мегирад, ки «ана ира ита кардам, уша ута проблема кардам» ва аз ин ноҷавонмардиву бузиҳои худ бар муқобили ҳамватанонаш лаззат мебарад.

Агар мабодо дар консулгарӣ корат афтад бе Ганҷалӣ қариб, ки коратро буд карда наметавонӣ. Пулро ба вай медиҳӣ гуфти худаш корат «ҳалайййй».Рӯирост мегӯяд, ки «акаҷон ҳоло вақти пулай, ки додӣ дар зери соя ва дар партави сиёсатҳои хирадмандонаи Ҷаноби олӣ корат зуд тайёр мешавад». Ин бисёр ширин сухан аст. «Ту бародарамӣ, ҳаммиллатамӣ гуфта ҳамин тавре, ки «хубӣ» мекунад ба ту худашро нишон медиҳад».
Як пойи Қамар ва як пойи Ганҷ ҳамеша дар даруни консулгарианд. Дар ҳоле, ки  онҷо кор намекунанд.

Боз ин Ганҷалӣ мегӯяд, ки ман бо писари Ҷаноб яъне Рустам рафтуомад дорам ва аз вазъияти ин минтақа ба Рустам мерасонам. Гоҳе маст мешавад, Рустамро дашном мекунад, ки «вай як герчикай к@и оча?падараш як ҳаромай? як ойлаи гушначашман инҳо» гуфта таҳқир мекунад оилаи президентро.

Ин Ганҷалихон бисёртар муносибаташ бо Зафар Саидзода, консули пешина хуб буд. Бо Қурбон Ганҷалихон кор намекунад. Мегӯяд,ки «и фалони зан одами хуб нест, якум борай, ки ита одами паст мия намоянда аз Тоҷикистон ба консулгарӣ дар Екатеринбург. Як бесаводай ин Қурбони амниятӣ, ира кӣ роӣ кардай, и ҳайф кардай амнияти давлатиро. Ира ҷояш тувалеттозакунӣ ҳаст ёки даҳмардагӣ».

Исоқов Ганҷалхон Қурбонро шум мебинад. Ин Ганҷи буз бисёр зарар расонидааст ба мардум.

Ман дар даруни инҳо ҳастам ва бисер чизҳоро медонам дар бораи инҳо. Боз навишта равон мекунам.

Дар канали ютубияш Ганҷалхон 11 ҳазор обуначӣ дорад, бо номи ГАНҶАИБЕК.
Ишора кунам, ин бузҳо худашон медонанд, ки чи тавр таҳдид мекунанд мардумро барои сум ва киҳоро лес (ҷангал) бурдаанд, аз ҳамааш огоҳам. Чи хеле ки мегуянд «туй» дар пеш ҳаст. Боз киҳоро навору акс кардаанд барои таҳдиду шантаж бо номҳояшон мегӯям. Чунки инҳо хоини мардум ва ҳамватанҳоямон ҳастанд, ки рӯ ба муҳоҷират оварда баъзеашон аз ночорӣ ба инҳо муроҷиат мекунанд.

Охирсухани Ислоҳ:

Муҳоҷирати тоҷик, ки бояд воситаи ризқу рӯзӣ ва роҳи зиндагии шоиста бошад, имрӯз дар дасти чанд буз, хабаркаш ва қаллоб табдил ёфтааст ба саҳнаи фурӯши инсон ва хиёнат ба ҳамватан.
Ин афрод бо номи «посредник», бо симои «дӯсти муҳоҷир» ва бо пуштибонии бархе аз намояндагони расмӣ, рӯзии мардумро мехӯранд ва обрӯи миллатро мефурӯшанд.

Имрӯз, вақте ки муҳоҷир бо ранҷу сахтӣ кор мекунад, бояд бидонад, ки дар паҳлӯяш на танҳо дӯст, балки душман ҳам ҳаст душмане, ки бо табассум наздик мешавад, аммо бо як занг ё як хабар номатро ба дасти амният медиҳад.

Фош кардани номи ин бузҳо на аз нафрат, балки аз муҳаббат ба ҳамватан ва аз эҳсоси масъулият аст. Агар хомӯш бошем, фардо навбат ба мо мерасад.

Ҳар муҳоҷир бояд бидонад: эҳтиёт беҳтар аз пушаймонӣ аст.
Муҳоҷирон бояд якдигарро ҳимоят кунанд, на бифурӯшанд. Миллати мо дар ғарибӣ фақат бо ваҳдат ва ҳушёрӣ зинда мемонад. Ҳама ончи мебинед дар ҳар минтақаи Русия ҳастед ҳатман ба Ислоҳ нависед, то зараррасонҳои муҳоҷирон камтар шаванд.

Сообщение  «Бузҳо» -и консулгарӣ дар Екатеринбург появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет” №27
Ҳар рӯз ба мо аз қишрҳои гуногӯни мардум номаҳои зиёде мерасанд. Ин номаҳо бозгӯйкунандаи вазъият ва ҳолати нависандагони он мебошад. Бархе занг мезананду бо сад оҳу фиғон мегуянд ман наметавонам навишта вале бояд ин дардамро гуям ва шумо онро расонаӣ кунед. Бархе бо садо ба мо чунон шикоятҳое менамоянд,ки аз шунидани онҳо дилҳоямон реш мегарданд, ки наход ин ҳолат дар кишваре бо номи Тоҷикистон вуҷуд дошта бошад. Чунон мардум дар вазъият ва ҳолатҳои сангине қарор доранд, ки хобу роҳатро аз сари мо берун намуда аст. Агар мо ҳар рӯз чанд матлабҳои “номаҳо аз ноҳияҳо…”ро нашр намоем боз ҳам чизе аз ин шикоятҳои фарвони мардумро натавонистаем расидагӣ карда. Мо як расона ҳастем ва то имконоти доштаамон метавонем ин хидматро анҷом диҳем. Дигар суханро ба дарозо намебарем ва мепардозем ба ончи имкони нашри номаҳои ба мо расида дар ин қисмати 27 ум.

Қубодиён Ҷ.Утқара Назаров

Ассалому алайкум акаи Мухаммадикболи Садриддин умедворам сиҳату саломат ҳастед.

Ман  аз н.Кубодиён ҷамоати Утақара Назаров дехаи Бошқала ба фикрам шинохтед аз Шумо мо миннатдорем, ки дарди дили моро гуфтед ва моро хело хушҳол кардед модарам то ҳол дар ҳар як сари дастархон ва ҷои намоз дар хаки Шумо ва аҳлу оилаатон дуъо мекунанд,ки хамавакт сиҳату саломат бошед дар сари мо мазлумон.

Ба шумо як хабар доштам агар имконияташ бошад нашр мекардед дар бораи ҷиноятҳои Генерал Бузмаков Аламшозода Абдурраҳмон.

Мо дар ҷамоати Утақара Назаров ду миллат зиндагонӣ мекунем Узбекҳо ва Тоҷикҳо яъне Тоҷикони Ғарм Дуто деҳа як Ҷамоат дорад Бошқалъа ва Камароб зани Бузмаков аз деҳаи Камароб аст.  Бузмаков зуд-зуд ба ин деҳа омаду рафт мекунад! Хусурбачаҳои Бузмаков муовини ВКД ҳаммаашон наркобизнес мебошанд!

Рӯйи рост ба ҳамма наша мефурӯшанд ягон кас ягон чиз намегуяд чортояш ҳаминхел корҳоро мекунанд номҳояшон якум Балаҷон Дуюм Умедҷон Сеюм Ҷамшед Чорум Амир! Агар хато накунам соли 2014 ё 2015 буд як занакро дар ҳамон деҳа бераҳмона куштанд.

Яъне Балаҷон ва Ҷамшед ҳардуяшон.  Дар болои қишлоқамон як боғи зардолу доранд вақтҳои шом дар ҳамон боғ наша зада мешинанд дар ҳамон вақт як занаки дигар деҳа бо духтари 13 солааш аз кор ба хона рафта истода буданд, ки ин ҳарду мебинанду духтарчаи ин занро таҷовуз кардани мешаванд. Балаҷон ва Ҷамшед аз пешашон баромада модарро як мушт мезананд модар меафтад ва духтарчаро аз дасташ гирифта ба боғ медароранд либосҳои духтарро даронда таҷовуз кардани мешаванд. Дар ин вақт модари духтарча ба ҳуш омада сангро аз замин мегираду Балаҷон-ро мезанад ҳамонвақт ҳардуи онҳо духтарро монда ба модараш мечаспанд ҳамон вақт духтар модарашро монда мегурезад.  Масофа байни боғ ва қишлоқи онҳо ду километр аст духтарча ба сӯйи хонаашон давида меояд ба хонаводаашон ҳодисаро нақл мекунад, ҳаммаи ҳамсояҳо ва хонаводаашон доду вой карда ба боғ мераванд, мебинанд ки ҳардуи онҳо занакро то дараҷае бераҳмона латукӯб карда ба бераҳмтарин ҳолат ӯро куштаанд. Бовар кунед ҳамон вақт овоза шуда буд, агар нақл кунам дилатон аз зиндаги мемонад.  Занакро таҷовуз карда баъди таҷовуз шикамашро бо чуби дарахт даронда рудаҳояшро дар сараш печондаанд. Ин ҳодисаро хонаводаи зан яъне хусураш бо чашмонаш мебинад ва аз болои келинаш ҳардуи ин хусурбачаҳоро мегирад яъне Балаҷон ва Ҷамшед қариб 5-6 нафар мебинанд ки ҳардуи онҳо занро куштаанд ин ҳодиса дарҳол овоза шуд дар тамоми Қубодиён.

Аммо ҳардуи онҳо яъне Балаҷон ва Ҷамшед-ро ягон кор накарданду як камбағали бечораро барои  мардумро хомӯш кунондан турма карданд ин касе ки турма шуд номаш Аюб мебоша. Ин Аюб худаш 6 моҳ шуд аз турма баромаданашро боз чихеле ки рафта ӯро рози кунониданд, ки аз ҷойи мо рафта гуноҳро ба гардан бигир мо оилаи туро нигоҳу бин мекунем гуён Аюб -ро рози кунониданд. Аюб ҳамаи корро ман карда гуфта ӯро турма карданд хешу табори ин зан хело даво дав кардан ки келини моро ин накуштааст ва духтарчаҳам ба суд гуфт ки модарамро ин мард накушта буд. Аммо ягон кас гӯш накард. Инҳо то Генералний Прокуратура ариза навиштанд, ки мо бо чашмонамон дидем ки келини моро ду нафар куштанд яъне Ҷамшед ва Балаҷон хусурбачаҳои Аламшозода Абдурраҳмон муовини вазири корҳои дохилӣ. Лекин ягон натиҷа надоду Аюб турма шуда рафт.

Ин нақшаву ин корҳоро  анаҳамин Бузмаков шахсан худаш тарҳрезӣ карда будааст, барои ҳамин ин хусурбачаҳо то ҳол дар озодиянд. Агар бовар накунед ҳамма медонад имконият дошта бошед як комисия ташкил кунед раванд ба қишлоқ касоне, ки бо чашмҳояшон дидаанд ҳодисаро то ҳол зинда ҳастанд ва агар натарсанд аз ҷонашон ҳамаро мегуянд.

Ҷиноятҳои Бузмаков дар Қубодиён бениҳоят зиёд аст, ки бовар намекунед. Агар ин халқи тарсончак нотарсида бароянду гуянду нависанд чандин китоб мешавад.

Ман як дақиқаҳам хомӯш намеистам акаи Муҳаммадиқбол чизеро ки пайдо кардам норезондаву ночаконда менависам ин халқи тарсончак бинанду фаҳманд, ки киҳо чикор карда истодаанд.

Ҳамсари ман аз мардуми ғарм мебошад. Худоро шукр зиндагонии хубе дорем. Ҳамсарам ба ман як сирро фош кард тақрибан 3 ё 4 сол шуд медонистааст ин Генерал Бузмаков дар як моҳ як бор ба қишлоқ меомадааст фақат шабона меомадааст ягонкас намедонистааст омада рафтанашро ба ғайр аз хонаводаи занаш ҳатто мақомоти Қубодиён хабар намеёфтааст. Мо як ҳамсоя қишлоқ дорем номаш Подстанция дар он ҷо як ҷодугар занак зиндаги мекунад пеши ҳамин омада мерафтааст.  Ба назди ин ҷодугар ҳарбори омадагиаш ҳар касро суратҳояшонро меовардааст ки ҳаминҳоро чашмонашонро кӯр кун, ки маро чашми дидан надоранд гуфта як туморе карда медодааст туморро гирифта боз ҳамон шаб мерафтааст ин сирро яке аз наздикони он зани ҷодугар ба ҳамсари ман нақл карда аст ва ин корро тез тез анҷом медодааст.

Боз як ҷинояти дигари Бузмаков дар ҳамин қишлоқ як Ҳоҷи Фарҳод гуфтани шахс аст бисёр пулдор аст дар Свердловский област магазин доштааст лекин дар ҳақиқатан ҳам пулдор аст. Ҳар сол дар деҳа дар моҳи Рамазон 2 камаз орду равған хайр мекард.  Ва ман ин хайрҳояшро бо чашми худам дидаам. Чи бизнесе мекард дар Россия мекард. Лекин аз деҳа то маркази ноҳия 7 километр роҳҳо беҳад вайрона буд соли 2010 ё ин ки 2012 буд аниқ намедонам ҳамин Ҳоҷӣ Фарҳод хост ки ҳамин 7 километр роҳҳо-ро аз ҳисоби худ асфалтпӯш кунад аммо ҳукумати ноҳия ба ӯ гуфт ки агар асфалт кардани боши пулатро бар ҳисоби ноҳия гузарон мо худамон мекунем. Ба ин таклифи ҳукумат Фарҳод розӣ нашуд ва гуфт ки ман худам мекунам медонист, ки ҳукумат фиреб мекунад.

Ҳукумат бар ӯ иҷоза надод, то ин ки асфалтпӯш куниро шурӯъ кунанд. Баъди ин Ҳоҷӣ Фарҳод рафт ба Русия ва чандсоли дигар наомад ба қишлоқ. Инро хусурбачаҳои Бузмаков ба Бузмаков мерасонанд, ки дар қишлоқамон як бизнесмени боқувват дорем гуфта Бузмаков инро фаҳмида пурсуҷӯ мекунад мебинад, ки дар ҳақиқатан ҳам пулдор аст ва дар нақшаи подстава меафтад ва соли 2015 ё 2016 буд ки гап-гап шуд як додари Ҳоҷи Фарҳод номашро аниқ намедонам Фаррух буд ё Наҷиб бо Ҳизби Наҳзати Исломӣ яъне ҲНИТ дар Германия ҳамкори мекардааст гуфта дар розиск медиҳанду аз Русия оварда маҳкам мекунанд ин корро 100% Бузмаков мекунад. Баъди ин кор Ҳоҷӣ Фарҳод ҳамин қадар даводав карда додарашро баровардани шуд натавонист. Ӯро 25 сол доданд яъне додари Фарҳод-ро. Баъди ин кор Ҳоҷӣ Фарҳод ба Тоҷикистон омада натавонист ки чикор кунаду додарашро барорад назди чандин нафарҳо рафта чиқадаре пул хоҳед медиҳам аммо додарамро раҳо кунанд вале ҳеҷ кас ба гардан нагирифт баъдан хусурбачаи Бузмаков Балаҷон ба Фарҳод мегуяд агар хоҳи ман ба язнаам мегуям шояд бо ягон роҳ мебаровардагист. Фарҳод ба ҳама кор рози буд барои баровардани додараш ва Фарҳодро Балаҷон ба назди Бузмаков мебарад вазъиятро мефаҳмонад. Бузмаков мегуяд ки илоҷаш ҳаст камтар сабр кун тақрибан 2 ё 3 сол гузарад баъд ягон илоҷ мекунем мегуяд.  Фарҳод розӣ мешаваду як илтимос дорам агар илоҷаш бошад то 2-3 сола ҳамин корро кунед. Бузмаков мегуяд чи хоҳиш дори Фарҳод мегуяд то бароварданама додарамро азоб надиҳед дар зиндон чанд суме ки даркор бошад медиҳам ба ин пешниҳод Бузмаков розӣ мешавад ва мегуяд ман ставкаи турмаро мефаҳмам баъд ба ту мегуям ҳамон қадар пул дода меисти. Фарҳод рози мешавад ва баъди чанд рӯзе ба Фарҳод мегуянд, ки ҳар моҳ 200 ҳазор рубл дода исти додаратро ягонкас намерасад ва бо хурду хурок таъмин мекунемаш.  Фарҳод розӣ шуда ба россия бар мегардад ва мо фаҳмидем, ки дар ҳақиқатан ҳам ҳар моҳ ба Бузмаков 200 ҳазор рубли мегузаронидааст ва додараш дар зиндон ба мисли хонаи худаш зиндаги мекунад. Аз байн 3 соли гуфтагиашон расид соли 2019 Ҳоҷӣ Фарҳод аз Россия меояд ва назди Бузмаков рафта мегуяд, ки ака ина аз байн ҳамон 3 соли гуфтагиатон гузашт чикор кунем, акнун барорем додарамро. Бузмаков мегуяд ки пули беҳад калон даркор аст барои баровардани додарат. Фарҳод розӣ шуда мегуяд чандсум даркорай ё чикор кардан даркор аст? Бузмаков нақшаашро мефаҳмонад мегуяд ӯ бояд коре куни ки овозаат то президента рафта расад.  Бузмаков мегуяд давлатро обод кардан лозим Фарҳод розӣ мешавад ва мегуяд чикор кунам ака Бузмаков мегуяд роҳ соз кун боғчаи бачагон мактаб соз кун Фарҳод розӣ шуда сохтмонро аввал аз Душанбе оғоз мекунад ва дар Душанбе дар як сағерахона боғча сохта медиҳад.  Пас аз он ин бо президент ба кадом ноҳияе меравад пеш аз рафтанашон чандто салдат ва милисаҳо мераванд ҳамаи ҳаминҳоро масрафашро Фарҳод медиҳад. Бузмаков ба ҳаммаи генералҳо мегуяд ки ман як шогирд дорам ҳамин шогирдам ҳаммаи масрафҳоро пардохт мекунад.  Фарҳод баъд ба қишлоқ меояду обод кардани қошлоқро шуруъ мекунад, роҳҳои қишлоқро обод кард аз қишлоқ то марказ бо дарунҳои қишлоқ ва баъд дар ноҳия як маъориф сохт дар қишлоқ як мактаб сохт ва дар назди ноҳия як парчами калон сохт. Баъди ин корҳо Бузмаков барои лентабури ба ноҳия худи президент-ро якчанд моҳ пеш овард.  Ҳамаи ин биноҳоро президент боз кард дид, ки ин як соҳибкори нағз будааст пас аз он додари бе гуноҳ зиндоншудаашро бо фармони худди президент озод карданд.  Ҳаммаи ин сохтумонҳояшро ба ҳисоби давлат гузарониданд ва боз як чанд нақшаи дигар ҳам доданд ҳамин корҳоро мекуни гуфта маҷбур аст акун онҳоро иҷро кунад.

Ягон роҳи гурез надорад чиқадаре ки хоҳанд акнун ин Фарҳодро истифода мебаранд. Боз мо фаҳмидем, ки баъди озодкардани додараш Ҳоҷи Фарҳод як супермаркет ва як ресторан доштааст ба Бузмаков дода будааст дигар илоҷ нест додарашро баровард.

Дар Свердловск чанд соҳибкор ё ин ки пулдоре ҳаст ҳар моҳ ба Бузмаков доля медиҳанд ҳаммааш ба дараҷае тарсидаги ҳастанд, ки мабодо падстава карда мороҳам набаранд гуфта бар сари ин ғармиҳои қишлоқ Бузмаков ба воситаи хусурбачаҳояш зулм карда истодааст.

Бар сари мо бошад хусурбачаҳои Эмомалӣ Раҳмон яъне Муҳиб, Раҳматулло через Шӯҳрату Аъзам. Ин ша’а Аллоҳ ин зулмҳояшон дер давом намекунад.

Боз хелло маълумотҳои зиёде дар бораи Бузмаков ҳаст ин шо Аллоҳ пайдо карда ҳатман менависам.

Шахсан худам кор карда истодаам дар бораи ин золимон. Ин шо Аллоҳ боз дар бораи замначалникҳои Қубодиён ва суди Қубодиён маълумотҳо ҳатман равон мекунам. Чандин духтаронро таҷовуз карданд ва то ҳол аз чандин касон бо роҳи фиребу қаллобӣ пул кор карда истодаанд ҳаммаашро мерасонам ба шумо.

Номҳо:

Зани кушта шуда; Насибахон

Ҷодугар; Ойкиз

Замначалникҳо;

1. Камолиддин

2. Ҳоким

3. Дилшод

Суд

1. Назариён

2. Толиб

Мо бо шумо ҳастем ва Ин шо Аллоҳ то охир бо шумо муборизаро давом медиҳем Муҳаммадиқболи Садриддин Аллоҳ нигаҳбонтон бошад

Мо интизори барномаҳои шумо ҳастем!

Вазорати КХ ҶТ- Дипломати Ховалингӣ

Сафарзода Баходур Давлат

Сардори сарраёсати консулии Вазорати корхои хоричӣ аз Ховалинг мебошад. Сарраёсати консулиро ба мини Ховалинг табдил додааст. Ҳама ҷоиҳои даромаддори ВКХ мардуми Ховалинг мешинанд, консулиро ба монанди корхонаи шахсияш кардааст.  Ҳама консулҳо дар хориҷ аз кишварро бо пешниходи хаминкас аз Ховалинг мемонанд. Мисол ҷиянаш Умед консул дар Олмон, ҷияни дуввумаш Саидмуродов Азизулло корманди консулӣ дар Москва ҷияни сеюмаш Дӯстов Толиб корманди сарраёсати консули. Инро низ бояд қайд намоем,ки Сарраёсати консулӣ аз ҷониби Озода Эмомалӣ назорат мешавад. Дар ҳоле вазири корхои хориҷи ҷаноби Сироҷиддини Муҳриддин бояд роҳбарӣ кунаду интихоб намояд. Баҳодур Сафарзода ба назди Озода рафта Озодаро боварикунонида аст, ки танҳо ман бо Ховалингиҳо корро пеш бурда метавонам ва ҳама вақт дар хориҷи кишвар мо дар хидмати шумо ҳастем. Агар ҳар коре дар кишвар сурат гирад мутмаин бошед,ки ҳама консулгариҳои кишвар бе чуну чаро дар хидмати ҳеҷ касе аз оила не танҳо шумо хоҳанд буд. Ана бо ин ваъдаҳо  Баҳодур Сафарзода Консулии Вазорати хориҷӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишварро ба Ховалинг табдил додааст. Маблағи пулии хуб ҳам ба Озодаи Эмомалӣ моҳона медиҳад.

Баҳодур Сафарзода соли 1979 дар Ховалинг таваллуд шуда ихтисосаш ҳуқуқшинос аст. Ӯ солҳои 2009-2013 консул дар Тошкант буд. Дақиқан дар он солҳои муносиботи бади Тоҷикистону Узбекистон , аз хисоби виза додан ба узбекҳо дар Ховалинг Қасри бо ҳашамате  сохт ва пули зиёде ҳам ба даст оварда буду онро ба Озодаи Эмомалӣ дод. Пас аз Узбекистон ӯро солхои 2013-2016 сардори раёсати персонализация монданд ва баъдан Озода сахт дастгириш карду солҳои 2016-2018 генконсул дар Дубай кор кард. Аз соли  2018 инчониб Сардори Сарраёсати Консулии Вазорати Корхои Хориҷӣ мебошад. Инро низ бояд зикр намоем,ки яке аз корҳои сердаромади дигараш Аз Афғонҳои бечора барои визаи Тоҷикистон аз 1000 то 1500 доллар мегирад. Муфассал дар мавриди тиҷоратҳо, хонаҳо, коррупсиянер буданаш ва дигар корҳояш ҳатман менависем, то ӯро хубтар шиносанд. Мо дипломатҳо ба ҷой онки аз вазирамон хоҳиш намоем, аммо медонем аз дасташ чизе намеояд. Акнун маҷбурем аз “Ислоҳ” хоҳиш намоем,ки пеши роҳи ин Ховалингии гушнаро гиред.

Ваҳдат

Асалому алайкум писарам Муҳаммадиқбол номай моро бихонед лутфан нома аз шаҳри Ваҳдат ҷамоати Абдулло Абдулвосиев

Раиси ҷамоат Абдулло Абдуллоев пештар корманди  кумитаи замини манзили зисти дар шаҳри Ваҳдат кор мекард кормандони мубориза бо коррупсия 5 соли пеш бо гирифтани ришва дасгираш намуданд муддати 3 сол дар зиндон буд . Пас аз иваз шудани раиси шаҳр ӯро аз зиндон озод намуданд ва дар ҷамоати Абдулло Абдуллоев раис шуда ба кор гузоштанд. Писарам Муҳаммадиқбол дар ҷамоати мо тамоми ҷавононеки синашон ба хизмати ҳарби расидааст вайени билети нигодни карда метиянд бар ивази аз 4 то 10  ҳазор сомонӣ.  Аммо мавсими даъвати ҳарби саршуд боз падарони ҷавононро даъват мекунанд бо ҳамроҳи амниятиҳо боз пул талаб мекунанд. Дар ҷамоати мо пора хури дар ҷои аввал меистад, як справкаи оилавиро то 20 сомонӣ пул талаб мекунанд . Дар мавсими даъват ба хизмати ҳарбӣ раиси ҷамоат аз ҳар деҳа аз мулоҳои деҳа аз ду то панҷ ҳазор сомонӣ мегирад мегуяд ё ду сарбоз метед ё пул то хоҳишашон иҷро шудан. Боз бадбахтии дигар ин аст,ки  дарҳои масҷидро мебанданд ва мардумро маҷбур мекунанд, тавассути котиби раиси ҷамоати Абдулло Абдулвосиев Ҳикматулло, ин шахс бисёр нафси калон дорад барои як справка то 250 сомонӣ пул талаб мекунад. Ин Ҳикматулло як хислати дигари бадаш ин аст,ки  дар даруни деҳаҳо мегардад агар ягонкас дар ҳавлиаш сохтумон карда истода бошад дарҳол рафта учасковиро равон мекнанд барой тафтиши иҷозати сохтумон доштанатон. Масалан сертификат доред гуфта меояд ва рӯйи рост пора талаб мекунанд. Охир наход дар ватани худамон натавонем дар ҳавлии худамон иморат созем. Дар як хона чор панҷ оила зиндагонӣ мекунем. Бачаҳо ба Русия мераванд барои кор кардану зиндагониро беҳбуд намудан, то иморате созанд. Пули мефиристодаи бачаҳомон дар додани пора меравад. Боз иморат тамом шуда аст ва ё не як баҳонаи дигар кати меоянд боз пул талаб мекунанд. Охир мо магар ғулом ҳастем барои ин мақомот? Ин чи зиндагонӣ аст намедонем. Ба куҷо равем мо умрамон аз 70 сола гузашт ҳеҷ рӯзгори хуберо надидем. На фарзандонамон осуда, на мо пиру кампирҳо. Охир 43 сол кор кардам натиҷааш ҳамин 120 сомон нафақа ва фарзандонамонро ба сери намебинем, поямон бар лаби гур расидаст. Охир ин чӣ зулм аст? Бар зами ин дар деҳаи Шарифободи ин ҷамоат директори пешинааш ними ҳавлии мактабро ҳуҷат карда ҳоло бошад бачааш зиндаги мекунад, деҳа мактабаш майда аст. Худованд ин золимонро хору ҷазир кунад писарам илтимос ин номаи мо мазлумони ноумед аз зиндагонии хубро нашр намоед, то инки дигарон бидонанд ки ин дунё абади нест. Акнун мо ҳарчи буд дар умри худамон дидем. Охир ин ҷавонон чиро интизор бошанд бо ин ҳолат ман ҳеҷ ақлам намегирад.

Исфара

Акаи Муҳаммадиқбол хуб ҳастед ман дар мавриди корманди корҳои дохили шаҳри Исфара дар бораи чанд Ҷинояткорияшон мехоҳам чанд маълумот диҳам.

Номи сардорашонро аниқ накардам лекин аз Ворух аст. Бо яке дигараш Азим коргари 6ум отдел аз худи Исфара бисер сокинонро зулм мекунад бачаҳоро шантаж мекунад. Геракати подстава карда бисер бачаҳоро шинондаги ҳаст. Чанд духтарора тарсонда ба мошинаш маҷбур савор карда бурда таҷовуз кардаги ҳаст. Бечораҳо аз тарс хап карда гаштанд. Солеҳзода Ҷамшед ба наздики  қори Абдурауфро [Яҳё Рашидӣ] дар паспорт  постава карда шинонд. Қазияи подстава чунин аст ба ресторани Райҳон,ки дар маркази шаҳр ҷойгир аст  даъват мекунад қориро коргари рестаран мегӯянд маро хонед Қорӣ мегуяд охир инҷо мумкин нест лекин бисер зора мекунад хулас қори розӣ мешавад  дар вақти хондан мебиёянду сиёмка карда дастгир мекунанд. Баъд мебаранду бисёр азоб медиҳанд мегӯянд гуноҳоро ба гардан гир мо туро авф мекунем. Ту гуки ман салафи ман наворҳои Муҳаммадиқболро тамошо мекунам лайк мемонам. Намедонам худи қори лайк монда буд ёки инҳо худашон сохтанд хулосаки бисер азобаш доданд маҷбураш карданд чигунаеки дар сӯд шоҳиди зинда будам судя аз қорӣ пурсид,ки ҳамаи ҳамин чизеки дар дело ҳаст асос дорад? Қорӣ дар ҷавоб гуфт аз ман 1 ҷумла мепурсиданд 10 ҷумла аз худашон қуш карда менавистанд. қориро маҷбур карданд ба зидди дигаро показания деҳ. Ҳамроҳи қори ду нафар бе гуноҳро Искандар ва Абдусамеъро зиндон карданд.  Гуноҳи онҳо ҳамин будааст,ки ҳамроҳи қорӣ  бо телефон ҷандбор сӯҳбат карда будаанд. Хулоса ба ҳар сеяшон  5 соли зиндон ҳукм содир намуданд. Ман аслан пештар қориро намешинохтам баъд аз забони чанд нафар шунидам,ки қории Муратаб(комили қуръон)  будаст чихелеки чанд нафар аз ҳам маҳалаҳояш дар суд шоҳиди доданд. Хулоса ҷиноятҳои милисаҳо мо бисер аст, хоссатан  ин Ҷамшедро агар аз шантажу подстава  бачаҳои бегуноҳ даст  накашад ҳама ҷиноятҳояшро ном ба ном  ба Ислоҳ мефиристем. Инчунин кормандони Амният Прокуратура Корҳои дохилаи Исфара қарор дошта агар зулмҳои шумо ҳаминхеле рафта истодааст идома пайдо кунад, ҳама ҷиноятҳоятонро ба “Ислоҳ”менависем.

Дар охир мехоҳам хитоб кунам! Пракурореки 5 ҳазор долар аз наздикони қорӣ Абдурауф гирифтию гуфти ман озод мекнам аммо фиреб карди пулро баргардонда бо хубӣ деҳ!  Агар барнагардони ин дафъа ном ва фамилия ва ончи медонем дар қазияҳои дигаре анҷом додаӣ ҳамаашро ба “Ислоҳ” менависем!  Аз Худо тарсед рӯзе ин Раҳмонов меравад ба ҳама ҷиноятҳоятон ҷавоб мегӯед!

Панҷакент

Ассаломуалайкум  устоди дину фарханг Мухаммадикболи Садриддин мехохам хабари муҳимро ба “Ислоҳ” расонам. Ин нома аз Ш. Панчакент Ҷамоати  Моғиён мебошад мавсими даъвати баҳории наваскарон дар мо идома дорад.  Раиси Ҷамоат Истамов Икром мебошад, номбурда бо зердастонаш ва нозири минтақавӣ яъне участкови баъзе  рӯз 5 кас баъзе рӯз 6 кас якчоя дар ба дари мардум мегарданд. Писари  касе бемор аст ё якаписар мебошад ё дар ягон донишгоҳ мехонад. Бубинанд камтар бе пушту паноҳанд дар ҳол падари ин номбурдаҳоро маҷбур ба идораш бурда грузитро сар мекунанд. Ана медони  фарзандат бо террористҳо ҳамроҳ шудаст, фарзандат бо “Ислоҳ” гап задааст, фарзандат лайк мондаст гуфта гапҳои дуруғро ба сари волидони он ҷавонписарон бор карда ва ё дигар туҳматро бор  карда аз ҳар як нафар аз 3000 ҳазор то 5000 ҳазор сомонӣ мегиранд. Устод Мухаммадиқбол инҳо ба халқу ватан фойдашон номерасад, танҳо  ба ришва гири овора ҳастанд. Хоҳиш мекунам ин номаро дар барномаи номаҳоятон ҷой диҳед!

Нуробод

Салому алекум ва раҳматуллоҳ. Ман …..(исму насаби нома навис дар “Ислоҳ” маҳфуз аст)   аз ноҳияи Нуробод Ҷамоати Изатулло Ҳалимов мебошам. Пас аз барномаи карда будед дар мавриди раиси ҷамоат боз дубора ин Эраҷ Наимов раиси чамоат таъин шудааст.  Мардуми ҷамоати Изатулло Ҳалимов рӯз надоранд. Хоссатан қишлоки Истон, ба номи Гирдоб як замин ҳаст, мардумро маҷбур дорад, ки 250 сомонӣ ҷамъ кунед, ки раиси ноҳия ва раиси ҷамоат картошка мекоранд дар Гирдоб. Охир дар қишлоқи Истон 130 хочагӣ зиндагонӣ мекунад.  Бо фармони раиси ҷамоати Изатулло Ҳалимов Эрач Наимов сари ҳар марди зандор 250 сомонӣ бояд маҷбури пардохт кунанд. Охир ҳадди ақал сари хочаги мешуд боз мегуфтем дарди ба хайр аст. Охир дар ҳар хона ба камиш ду ё се марди  ҳамсардор зиндагонӣ мекунад. Ин зулм аст барои мо ва тоқатфарсо аст бароямон.

Инро низ бояд расонем,ки Раиси ҷамоат Наимов Эраҷ бо чанд корманди ҷамоат ва муовини раиси ноҳия ва  участкови омада маҷлис карданд.  Эраҷ Наимов дар маҷлисаш гуфт: “аз раиси ҷамоат шикоят карден ба Мухаммадиқбол чи шиден? Зурен мардакен брен да ҳукмати Нуробод шикоят кунен.  Занако борин Мухаммадикболда нанависен.  Ман занг задм ҳамаша Муҳаммадиқбол ба ман гуфт,ки кӣ шикоят кардай аз Истон. Бдонен ҳамат да чорни спискаен, лишни кадоме ҳамидафа шикоят кунад капаш дуд кадагияй. Бдонен ин  гапои ма мегум мара ай боло меган бра мачлис кун мардма буфаҳмон ки ҷарастшона меброрем. Так что  чихели мегум ҳамухел букунен. Медонен раиси ШВКД  Саидзода Комил кӣ ҳаст? Дигар гапи зиёдати намегумту бфаҳмен худту.”

Боз як масалаи дигар, як ҳавзаст, дар ҳамин қишлоқи Истонай 200 сомонӣ барои ин ҳавз ҷамъ бояд кунем будаст, то  пеши ҳавза бетон кунему маҳкам кунем. Мехоҳанд  обро пулаки кунанд ва дар ҳоле дар сарбонгаҳи обем.  Ин Наимов Эраҷ Валоҳи қасам на танҳо дар Истон инхли мекунад, дар ҳамаи қишлоқҳо мардума чоншона да қуртуқшон оварда аст. Охир куҷост  қонуни ҳукмати Рахмонов ва чаро шаҳрвандони кишварро, хоссатан мардуми куҳистон,ки ба зур зиндагонии худашонро пайдо мекунанд ба ин ҳолат мерасонанд мақомоташ вале касе назорат намекунад:

Дар охир  аз мардуми Нуробод дар умум ва аз сокинони  ҷамоати Изатулло Ҳалимов хоҳиш мекунам натарсед ҳукмат намебинад,ки шумо менависед дарду азобҳое бар сармон оварда истодаанд ин золимон. Илтимос ин ҳаромхурҳора ба “Ислоҳ” у Муҳаммадиқбол нависед, то инхели зулм бар сари мо нашавад дигар. Эй  мардум худтон дида истодаед,ки дар ҷамоати мо дигар мардҳо намондаанд аз дасти ин золимоне Раҳмонов бар сари мо таъин карда. Чанд марде мондааст дар ҷамоати Иззатулло Ҳалимов ё  кормандони давлатиянд ва боварам кунед унҳо ҳамаш дар қатори занакҳоанд.  Охирон хоҳиши ман аз мардуми Нуробод ин аст,ки  чи ҷинояте шуд аз тарафи ҳар мақомдорони ҳукумати ноҳия ҳатман нависед ба “Ислоҳ” ,агар сахт метарсен ба бачаҳое дар Русия буда нависед, то онҳо ба “Ислоҳ” навиштаи шуморо фиристанд. Ман аз дохили ҷамоат навишта истодаам ва ҳеҷ кас пайдоям накардааст ва танҳо тарс медиҳанд ин номардҳо. Аллоҳ шоҳид аст имрӯзҳо дар Нуробод ҳамон солҳои 1992-96 умро дида истодаам. Чихеле даромада буданд қир карда буданд мардҳоро ва занҳоро таҷовуз карда буданд. Ҳоло бо шакли дигар ин корро карда истодаанд бо мардуми мо. Валлоҳи ин дурӯғ нест ва ончи мебинам онро гуфта истодаам. Аз задан рупакимон кардагиянд, дардмона ба куҷо гуем дигар? Худоро шукр шумо ҳастеду дардамонро ба шумо мегуем ва садои моро ба ҳама мерасонед. Дуъогуем ҳарчи тезтар баргардеду ин режими золим равад, ки хаста шудаем….

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет” №27 появились сначала на ISLOH.net.

Устоди Озода Раҳмонова , “дипломат”аруси собиқи Э. Раҳматуллоев ва СС.Ятимов
Садбарг Бурҳоновна Ғаниева феълан 53 сол дорад. Нахустин зан,консули тоҷик дар солҳои 2010-2014,раҳбари Хадамоти консулии Тоҷикистон дар Маскав буд. Дипломат аз се сол зиёд тибқи қавонин набояд дар хориҷ дар як симат бошад. Аммо ӯ бо кришаҳои доштааш тавонист якбора 5 сол мақоми консулиро ифо намояд. Консулҳо сафирҳоро итоат мекунанд аммо Садбарг сафирро писанд намекард,то дар ҷинояташ дастгир нашуд. Консуле ҳам будааст,ки сафирро шапоти зада аст. Албатта бояд зикр намоем,ки Садбарг соли 2001 дар 33 солагияш ба мушовирии президент ҳам расида буд. Ҳама ин кариераи ӯро Эркин Раҳматуллоев барояш сохтааст. Дар ВКХ миёни кормандони собиқаш чунин мақоле ҳам ҳаст.

“Аз котибагӣ ба мушовирӣ ва сипас ба раёсати комисияи ЮНЕСКО ва то саркунсулӣ бо як хислаташ тавонист расад”

Яке аз нафарони наздик ба Озодаи Раҳмон,раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аст. Садбаргхонум бо илми соҳири ва ҷодугарӣ ва тӯмору таштобу муллобозӣ сахт алоқа дорад. Бинобар хабарҳое,ки ба мо расидааст, Озода ҳамаи ҷодугариҳояш бар муқобили падару бародарашро через Садбарг анҷом медодааст. Сабаби бад шудан ва ҳатто бархостани ҷанҷол миёни Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷӣ ва Озода Раҳмон ҳам ҳамин Садбарг шуда будааст. Эмомалӣ Раҳмонов Зарифиро аз вазифа берун карда беш аз як сол тамоман дар гӯшаи фаромушӣ партофта буд. Баъд аз онки Зарифӣ омада аз Озода узр мепурсад Эмомалӣ боз ӯро барои чанд муддат сафири Тоҷикистон дар Япония таъин карда буд.

Навори маҳрамонаи Озода дар дасти вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ

Сабаби барканор шудани Зарифиро чунин гуфтанд: яке аз амалҳои маҳрамонаи Озодаро,ки бо кумаки Садбарг анҷом ёфта будааст. Садбарг ба Озода мегуяд,ки он кори шумо сабт шудааст ва сабташ дар дасти Зарифӣ аст. Озода ба вазири корҳои хориҷӣ мегуяд он сабтро ба ман деҳ. Зарифӣ мегуяд кадом сабт ман чизе намедонам. Садбарг худаш он сабтро чун худаш сабт карда будааст ба Озода медиҳад ва мегӯяд ин копия ҳаст. Аслияш дар дасти вазир аст. Аммо вазир аслан дарак надошта аст аз он сабт. Ҳарчи Озода исрор мекунад бидеҳ сабти аслиро,вазир мегуяд ман надорам ва огоҳ ҳам нестам. Муҳим аз кор мегиранд Ҳамрохон Зарифиро ва пас аз як сол маълум мешавад ӯ чизе надорад ва намедонад. Садбарг як нафари дигарро ба Озода нишон медиҳад ва аз об соф мебарояд. Озода аз Садбарг метарсад,чун ҷодугарҳои шиносаш ягон корам накунад гуфта.

Садбарг муллоҳои боқувват дорад.Ҳатто бо ҷодугарҳову соҳирҳои Кашмири Ҳиндустон иртибот ва алоқаи хоссе дошта ва ҳар гоҳе зарурат пеш омад онҳоро барои равнақи корҳояш ҷалб мекунад. Вай бо он ҷодугарҳо дар солҳои 2007-2009,ки дар Покистон кор мекард шинос ва робита барқарор кардааст. Садбарг тамоми консулҳои Тоҷикистонро аз номи Озода “доля” бастааст. Масалан ҳамин Анвар Ибодзода, консули собиқи Тоҷикистон дар Русияро ҳам ӯ “кришават” мекард. Анвар барои Садбарг ва муаллима (муаллима лақаби Озода Раҳмон) туҳфаҳои қимматбаҳо равон мекардааст. Аз солҳои дар консулгарии Тоҷикистон дар Покистон буданаш хело қиссаҳои зиёди дигаре ҳам ба мо расидааст,ки намехоҳем онҳоро зикр намоем. Муҳим консулгариро як фоҳишахона карда будаанду миллатро шарманда дар Покистон.

Ибодзода Анвар консули тоҷикистон дар Маскав

Анвар Ибодзода соли гузашта ва имсол дар айни авҷи коронавирус, тамоми муҳоҷирони тоҷикро дучори ҳазоруякбало карда ва ҳатто як қисми онҳо нони хӯрдан наёфтанд ва боз гурӯҳҳо ва шахсоне пайдо гардиданд, ки барои он бечораҳо нону об кӯмак намуданд, Анвар Ибозода ба маблағи 100.000 доллар як Ландкрузери 200-нави ба гуфти мардум пачкаро аз салон харид. Албатта ин пули ҳамон справкаву паспортҳое аст ки барои муҳоҷирон дар Русия мефурӯшад.Вале як тини зардак  дар ҳамон шабурӯзҳои вазнини коронавирус ба муҳоҷирон ёрӣ накард.

Ибодзода Анвар аз маблағҳое,ки аз муҳоҷирон дар Русия ҷамъовард хело ҳангуфт аст. Бо нишондодҳои маълумотҳое ба Ислоҳ расидаанд дар як моҳ то 12 миллион рубл ба даст меовардааст. Масалан мошини Ландкрузери 200 дар Русия харидааш 100 ҳазор доллар.Ҳавлини ду ошиёнаи зебо дар якум советский. Коледжи тиббии Душанбе доштаашон аз ҳисоби ана ҳамин даромадҳои консулгарӣ буданд. Дар Садбарг фурӯшгоҳи Душанбе якҷо 400 кв ва дар ҷои дигар 150 кв мағоза дорад. Боз як хонаи дигар дар маркази Душанбе дорад. Ин он маълумоте ҳастанд, ки манобеъи муътамади Ислоҳ медонанд. Ибодзода Анварро яке аз хашинтарин ва бадмуомилатарин консул дар Русия унвон кардаанд. Ҳамеша кораш дар айшу нуш ва клубҳои гарону хушгузаронӣ будааст. Ҳар вақте мехостааст ба кор меомадааст, намехостааст рӯзҳо ба кор намеомадааст. Сафир ҳеҷ арзише дар наздаш надошта ва ҳатто ба маҷлисҳои сафорат намеомадааст. Ин аст дипломатҳои режими хонаводагии Раҳмонов дар хориҷ аз кишвар. Боз дар кишваре,ки миллионҳо муҳоҷир дар он кору зиндагӣ мекунанд.

Бар мегардем ба қаҳрамони матлаб  Садбарг Ғаниева, дипломати ботаҷриба ва дугонаву дӯсти наздики Озодаи Раҳмон ба “корҳо”-и дигар ҳам машғул аст. Барои истифодаи шаҳвонии худ ва Озода ҷавонҳои боқувватро аз вазорати хориҷӣ таги чашм карда ва оҳиста-оҳиста ба дом меафканад ва баъд аз кор мебаранду кайфу сафо мекунанд. Зӯри ягон кас ба Садбарг Ғаниева намерасад ва ҳамин тавр Анвар Ибодзодаи консули  собиқи Маскав ҳам сафирро ба ду пул намегирифт. Садбарг як вазорати калон ва муҳимми давлатиро бо консулгариҳояш ба бозӣ гирифтааст. Гуфта мешавад ҳоло дар сафорати Тоҷикистон дар Абу-дабӣ аст мисле, вале талош доранд, ки Украина фиристанд. Сироҷиддини Муҳриддин, вазири хориҷӣ дар баробари Озода мисли бед дар баробари шамол меларзад, маълум нест, ки метавонад ӯро Киев бифристад ё не вале саъй дорад, ки аз вазорат дур нигоҳаш дорад. Агар ҳам ки Украина рафт вой бар ҳоли Давлат Назриӣ хоҳад шуд, ки нав онҷо сафир таъин шуда ва тоза аз зулми Садбарг халос шуда буд, чунки то ин вазифааш консул дар Санкт-Петербург буд ва Садбаргу найрангу бозиҳои ӯро хуб огоҳ аст.

Маълумотҳое аз консули собиқи Тоҷикистон дар Хитой ба мо расидааст,ки хело бад мебошанд. Баҳром консули ҷавон  мегуфтааст,ки бояд барои кариера ба муаллима хизмат кунем.Агар хизмат накунем вазъамон бад мешавад. Манзур аз хизматро албатта фаҳмидед “маҳрамона”-ро дар назар дорем. Ҷузъиёти ин ҳам комилан дар мо ҳаст,аммо ҳамин миқдор кофӣ аст.

КДАМ ва Саймумин Ятимов мехостанд, ки дар соли 2017 Садбаргро маҳкам кунанд. Аммо ӯро Озода фирорӣ дод, гурезонд. Аввал ду ҳафта дар хонааш паноҳгоҳ дод-паноҳгоҳи сиёсӣ. Амният ноилоҷ монд. Амният дарак ёфт, ки Садбарг берун меояд ва меравад фурудгоҳ ва аз онҷо Дубай парвоз мекунад. Садбарг мушовири сафир таъин шуда буд. Ятимов хост аз дохили ҳавопаймо ва ё фурудгоҳ Садбаргро бардорад. Лекин тираш хок хӯрд. Рӯзи парвоз мошини хидматии Озода Садбаргро то “трап”-и ҳавопаймо бадрақа кард. Озода ва муҳофизони то дандон мусаллаҳи вай Садбаргро ба ҳавопаймо савор карданд. Ва то парвози ҳавопаймо дар фурудгоҳ монданд, дур нашуданд.

Садбарг барои Озода Раҳмон бисёр як шахси хеле ҳам мавриди эътимод ва наздик ва дасти рости вай аст.Барои ҳамин дар манзилаш ӯро ҷой дод. Ятимов хуб мефаҳмад, ки бо Озода наметавонад сарбарсар занад, чун дар ниҳояти кор Эмомалӣ Раҳмонов пушти духтарашро мегирифт. Вале шояд гуноҳи Садбарг ва ё ҷинояти вай вазнин буд, ки ходимони КДАМ ӯро то фурудгоҳ таъқиб карданд.

Садбарг, вақте Озода барои кор ба вазорати хориҷӣ омад, дар инҷо кор мекард ва дар ҳамин раёсати Конуслгарии ВКХ бо Озода шинос ва ҳамин тавр ширеш шуда буд. Садбарг дар Сарраёсати консулгарӣ ба ҳайси сардори Раёсати хизматрасонии консулӣ фаъолият мекард. Ин Раёсати аз ҳама даромаднок аст. Аз атбои хориҷӣ ва бахусус хитоиҳо ва афғонистониҳо аз 1000 то 1500 доллар барои визаи вурудӣ маблағ мегирифт ва “доля”-ро ба Озода медод. Пеш аз омадани Озода дар ин “доля” амният шарик буд. Вале баъди омадани Озода ба ин вазифа Садбарг ба ӯ масъаларо “фаҳмонд” ва ҳамин тариқ аз додани “доля” барои амният даст кашиданд, яъне саркашӣ намуданд ва аз инҷо сар шуд мухолифати амният бо Садбарг.

Чуноне гуфтем Садбарг Ғаниева давоми солҳои 2010 ва 2015 консули Тоҷикистон дар Маскав буд. Вай чандин нафар миёнарав дошт, ки тавассути онҳо справкаи бозгашт ба ватан, паспорт ва ё ягон санади дигарро ба муҳоҷирон мефурӯхт. КДАМ дар ин бора маълумоти зиёд ҷамъ кардааст. Дар дасти КДАМ ҳатто наворҳои алоқаи ҷинсии Садбарг бо бархе аз ҳамон миёнаравҳо ҳам мавҷуд будааст, ки ҳатто дар кабинети корӣ анҷом додааст. Албатта ин ҳама қасдҳои КДАМ аз ӯ барои доляи КДАМ аз ВКХ аз атбоъи хориҷӣ қатъ шудан ва он ҳамаро ба Озода Раҳмонова додан буд.

Маълумоте,ки мо дорем ин аст ки ин ҳамаро Ятимов ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш дода ва иҷозати ӯро барои ҳабси Садбарг Бурҳоновна мегирад, аммо  Озода монеъ шудааст. Чунки хеле аз корҳои Озода ва аз ҷумла сафарҳои хориҷии ӯро, маблағи харҷи роҳ ва аз ҷумла таъмин бо ҷавонҳои боқувватро Садбарг  иҷро мекардааст. Маҳрами рози хонум Озода ва маълумотҳои маҳрамонаи зиёдеро ҳам медониста аст. Як ҳамсуҳбати мо аз Маскав ба “Ислоҳ” дар мавриди Садбарг Ғаниева чунин гуфт: “Садбарг вақте сархуш мешуд дигар мо аз чашмонаш мефаҳмидем,ки ӯ тамом … Кораш виски нушӣ буду сархушӣ ва истироҳат. Як бегоҳ меҳмонаш будем ва дар мавриди Озода як суханоне гуфт,ки шок шудем се нафар. Мегуфту гиря мекард ва мо гӯё филми мустанад тамошо дорем.” (ҳама гуфтаҳои Садбарг Ғаниева дар Ислоҳ маҳфӯзанд ,дар фурсати лозима нашрашон мекунем)

Садбарг сахт аз худ рафтагӣ аст. Дар Абу- даби ҳатто сафирро торсакӣ зада буд, писанд намекард. Ҳатто сафир дар назди кормандон гиря карда ин гапро бо алам гуфтааст. Агарчи сафирҳам мисли худаш ҳаст вале ончи гузаштаастро мегуем. Дар Маскав ҳам то чанд вақт Абдумаҷид Достиевро писанд намекард. Лекин Достиев, ки гурги борондида буд, бо бачаҳои амният маслиҳат карда дар кабинеташ камера насб ва чанд навбати амалҳои маҳрамонаашро навор мегирад ва бо ҳамин забонкӯтоҳаш месозад. Достиев бо миёнаравҳо, ҳатто бо як ҷавони арманӣ ҳам “съемка” кардагӣ аст ӯро. Хело зани айёш ва бисёр ба ҳамин корҳо машғул аст. Дар консулгарии Маскав дар он солҳо ҳама бо ӯ ҳамхобагӣ кардагианд. Ягон кас мондагӣ нест. Хело озабоченный буд. Кормандон соати 11 субҳ мешуд мефаҳмиданд Садбарг чашмонаш мурғак рафта истодаанд, вақти кору бораш сар шуд гуфта ба як дигар ишора мекарданд,ки имрӯз навбати кӣ бошад?

Достиев чанд маротиба дар маҷлисҳои сафорат ба Садбарг гуфтааст: «ҳа муаллима шаб хоб накардед? чашмотон аз бе хобӣ ё аз сархушӣ пӯшида мешаванд?» Чун сабти навораш дар дасти Достиев буд аз ғазаб дандонҳояшро мегазиду чизе намегуфт. Кормандонро сахт назорат мекард,  телефонҳояшонро мегирифт, смс-ҳояшонро мехонд. Мехонд, ки бо занҳояшон чи навиштаанду занҳояшон ба онҳо чи менависанд. Ҳамон кореро, ки Ятимов дар сафорати Белгия карда буд, дақиқан дар Маскав Садбарг Ғаниева он корро бо кормандони консулгарӣ  мекард. Як справкаи “возвращение на родина” 200 рубл буд, Садбарг 2000рублӣ ба муҳоҷирҳо мефурӯхт. Он солҳо 2000 рубл қариб 100 доллар буд. Аз ҳамин ҳисоб дар Москва хона харид. Дар ҷойи Садбарг Ашраф Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмонов омад ба консулгарӣ. То ҷое вазъият беҳбуд ёфт вале ӯ ҳам ғорат мекард.  Пас аз ӯ Ибодзода, хусурбаи Дилшоди амакбачаи Муроди телехи Эмомалӣ Раҳмонов  омад ва чанде пеш ӯ ҳам рафт. Тамоми консулгариҳо ва консулҳои Тоҷикистон дар хориҷаро Садбарг “кришват” мекунад. Инро консулҳо хуб медонанд ва тавассути ҳамин зан корҳои худу корҳои ҷойи корашонро ҳал мекунанд.Чи хел проблемае шавад, Садбарг ба воситаи Озода ва Озода ба вазир гуфта ҳал мекунанд.

Як вақтҳо, вақте Саймумин Ятимов ба ҳайси муовини вазири хориҷӣ кор мекард, Садбарг арӯси ӯ буд. Аз ин пеш ӯ солҳо арӯси Эркин Раҳматуллоев буд. Зани Раҳматуллоев вазорати хориҷӣ омада бо Садбарг ҷангу ҷангҷол ва мӯкашак карда буд. Дар таъйини консулҳо нақш ва таъсири зиёд дорад. Садбарг ба Озода ва Озода ба Сироҷиддини Муҳриддин номзадҳо барои консулиро пешниҳод мекунанд ва ҳамин тавр таъин мешаванд. Мешавад гуфт, ки консулҳои давлати Тоҷикистонро Садбарг Ғаниева интихобу таъин мекунад. Сироҷиддини Муҳриддин ҳам аз ин зан сахт метарсад. 8 сол аст ки рӯз надорад. Вай чашму гӯши Озода дар вазорати хориҷӣ аст. Бисёр ҳам зани шаттоҳу беҳаё вале дилёбу чарбзабон аст. Аввалин зани тоҷик аст ки ба ҳайси консул фаъолият кардааст. То инки барои кор ба Маскав ояд, шӯъбаи Комиссияи кор бо ЮНЕСКОи вазорати хориҷиро сардорӣ мекард. Дар консулгарии вазорати хориҷӣ ва чанд муддат дар Исломобод ҳам дар сафорати Тоҷикистон дар Покистон фаъолият кардааст. Соли 2018 шавҳари Садбаргро  дар Узбекистон бо маводи мухаддир боздошт карданд. Шавҳараш дар даст шиносномаи дипломатӣ дошт. Озода бо чи роҳҳое ин корро орому сокит ҳал кард ва шавҳари ӯро аз ҳабси 100% наҷот дод.

Соли 2017 Садбарг духтарашро ба шавҳар баровард. Тамоми консулҳо аз 1500 то 2000 доллар барои “харҷ”-и тӯй ба ӯ доданд.

Кайҳо муҳлати кори дипломатиаш дар Абу-дабӣ гузаштааст. Бояд баргардад ба МИД. Аммо Эмомалӣ Раҳмонов гуфтааст, ки дафъаш кунед ба ҳамон хориҷа, гум шавад, ки боз сари Озодаро гаранг мекунад. (Раҳмонов медонад, ки Садбарг баргардад боз аз пайи овардани бачаҳои ҷавон барои Озода мешавад. Раҳмонов ин корро кайҳо фаҳмидагӣ аст. Ба ӯ гуфтагинад, ки асосан Озодаро ҳамин Садбарг вайрон кардаву аз роҳу ришта баровардагӣ аст. Ҷамолиддини шавҳари Озода аз ҷузъиёти ин корҳо хабар надорад.

Садбарг чанд бор Озодаро ба Дубай меҳмонӣ даъват карда ва дар онҷо бо бузбалаҳои арабӣ истироҳат кардагианд. Чанд бор ба баҳонаи табобат Берлин ҳам бурдагӣ аст.

Садбарг ду духтар дорад. Ҳоло бо шавҳараш зиндагӣ намекунад. Вале барои ӯ мардина ягон вақт проблема нест. Қади куча мебарояд….меёбад.

Ps: Ин матлаб хело шуд дар “Ислоҳ” қарор дорад, дидем вақташ гузашта истодааст ва тасмим гирифтем нашраш намоем. Агарчи аз матлаб хело аз ҷузъиёти амалҳои Садбарг Ғаниева ва Озода Раҳмонова барои ғайри ахлоқӣ буданашон бардошта шудааст. Ҳарчи тавонистем матлабро дохили чорчуба ҷой додем, Яъне бидуни шарҳ ва тафсил,танҳо бо ишораҳо онҳоро зикр намудем.Аммо бахшиш,ки дигар аз ин бештар наметавонистем иваз ва тағйир диҳем амалҳои ин фосиқони дар либоси дипломатҳоро. Агарчи бархе қаҳрамонҳояш куҳна ва бархе аз вазифа сабукдуш шуда истодаанд. Имрӯз вақти нашри ин матлабро муносиб донистему нашр намудем. Хонандаи гиромӣ вазъияти дипломатҳоро дидед, магар бо чунин дипломатҳо метавон дар хориҷ аз кишвар номи ватани азизамонро баланд бардошт? Магар бо чунин секретаркаҳое,ки бо илму дониш не,балке бо…ба мушовири ва раисии комисияҳо ва консулӣ мерасанд вазъияти муҳоҷири берун аз ватан беҳбуд меёбад? Хулосаро шумо мунсифона барореду қазоват кунед!

Дар мавриди Садбарг Ғаниева маълумотҳои дигаре дошта бошед ба “Ислоҳ” фиристед,то онҳоро дар бахши дигаре тақдими хонанда ва бинандаи Ислоҳ намоем. Бештар мехоҳем аз моликияте дар ин солҳо андухтаашро тақдими хонанда ва бинандаи «Ислоҳ» тақдим намоем. Лутфан дар мавриди амалҳои фаҳшу фуҷураш чизе нафиристед,ки дигар ҳавсалаи хондану таҳқиқи онро надорем.  Аксҳо ва наворҳое марбути персонажҳои матлабро дошта бошед ба Ислоҳ фиристед,то дар навор истифода шаванд!

Сообщение Устоди Озода Раҳмонова , “дипломат”аруси собиқи Э. Раҳматуллоев ва СС.Ятимов появились сначала на ISLOH.net.