Архивы Ёдгор Файзов - ISLOH.net

Оё Ёдгор Файзов гаравгон ва мамнуъулхуруҷ аст ?
Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ба интиқодоти як мақоми масъули Созмони Милали Муттаҳид мабнӣ ба нақзи ҳуқуқи башар ва эҷоди тарсу ваҳшат аз тарафи мақомоти амниятиву интизомӣ дар ин вилоят аз қавли Эмомалӣ Раҳмонов посух дод. Алишер Мирзонабот, ки ахиран бо масъулини сохторҳои қудратии вилоят як ҷаласаи махфӣ доир кард, гуфтааст:

« Президент таъкид карданд, ки баёнияи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ набояд ба иҷрои нақша ва вазоифи дар назди мо гузошта таъсир расонад».

Ин посухи мақомоти Тоҷикистон ба интиқодоти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аст ки ҳукумати Тоҷикистонро ба эҷоди тарсу ваҳшат миёни сокинони ВМКБ ва помол кардани ҳуқуқҳои инсонии онҳо муттаҳам кардааст. Мишел Бачалет, Комиссари олии СММ дар масоили ҳуқуқи башар дар ҷаласаи ахири ин созмон дар робита ба вазъияти буҳронии ВМКБ баёнияи хосе содир карда ва аз ҷумла гуфтааст:

«хушунат миёни нерӯҳои амниятӣ ва эътирозгарон дар моҳи ноябри соли 2021 дар ВМКБ вазъи ҳуқуқи башар дар ин минтақаро бад ва фазои тарсро эҷод кард».

Комиссари олии СММ қатъи интернет дар ВМКБ-ро нақзи ошкори ҳуқуқи башар талаққӣ кард.

Ҳамин чанд рӯзи пеш сафорати Амрико дар Тоҷикистон низ бо як баёнияи мушобеҳе нигаронии худ аз вазъияти ҳуқуқи башар дар ин вилоятро изҳор дошта аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки интернет дар ВМКБ-ро, ки инак чаҳор моҳ мешавад қатъ кардааст, барқарор кунад:

«Ин амал имкони дастрасии сокинони вилоятро ба иттилоот, пеш бурдани тиҷорат ва озодии баён таҳти таъсир қарор додааст. Аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, ки ба озодии бунёдӣ эҳтиром бигузорад».

Норизоиятии СММ ва кишварҳое назири Амрико аз тарзи бархурд ва сиёсатгузориҳои Эмомалӣ Раҳмонов дар қиболи ВМКБ дар ҳолест, ки бар тибқи хабарҳои мунташира Русия низ дар посух ба дархости фаъолони ҷомеаи мадании ин вилоят омодагии худ барои ифтитоҳи консулгарии Русия дар Хоруғро эълом кардааст.

Ба назар мерасад буҳрони ВМКБ ва таъхир дар ҳалли он ва «байналмилалӣ» кардани он ҳадафҳоеро ба дунбол дорад. Мисли онки ҳукумат ин ҳалли ин қазияро барқасдона кашол дода истодааст. Дар гуфтору рафтори мақомоти вилоят таноқузи ошкоро ба мушоҳида мерасад ва аз сӯи дигар аз қавли Раҳмонов онҳо ду намуди гапи мухолифи ҳам мезананд.

«Алишери Мирзонабот чанде пеш изҳор дошт, ки «раиси ҷумҳур тарафдори ҳалли мусолиматомези қазия дар Бадахшон аст. Сардори тозатаъйини Раёсати умури дохилаи вилоят Шариф Назарзода ҳам аз қавли Раҳмонов ваъда супурд, ки «амалиёти низомӣ бар муқобили мардуми Бадахшон» гузаронида нахоҳад шуд ва қазия аз роҳи мусолиҳа ҳал мешавад.»

Аммо, чуноне гуфтем Алишер Мирзонабот дар ҷаласаи махфӣ бо сохторҳои қудратӣ тамоман гапи дигар задааст: яъне «до конца». Бархӯрди ниҳоди зери раҳбарии генерал Шариф Назарзода низ бар он далолат мекунад, ки амалан дар пайи ҳалли қазия бо роҳи осоишта нестанд.

«Танҳо дар як ҳафтаи аввали моҳи ҷорӣ 8 нафар аз сокинони Хоруғро бидуни онки кадом ҷурме содир карда бошанд, дастгир ва мавриди латту кӯб қарор доданд. Ва, ҳатто Ифтихор Саидбеков, як аз аъзои Гурӯҳи 44-ро, ки дар рӯзҳои аввали низоъ ташкил ва бо мақомот музокира мекард, низ дастгир ва бо тавассул ба зӯр аз вай «навор» ситониданд. Наворе, ки ҳеҷ касе ба дурустии он бовар нахоҳад кард. Чун якшаба на Ифтихор ва Амриддин Аловатшоев наметавонанд мавқеи худро иваз ва ба «булбул»-и Раҳмонов табдил шаванд.»

Ба хари кӯр ҳам маълум аст, ки ин наворҳо иҷборӣ ва зери тозиёна ва шаллоқ гирифта шудааст. Дар байни ҳамин 8 нафари ахиран дастгиршуда як нафар муовини раиси ҷамоати шаҳракаи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ Яъне корманди давлатӣ ҳам ҳаст, ки нишон медиҳад ҳеҷ касе аз аҳолии ВМКБ тарафдори сиёсатҳои Раҳмонов дар ин вилоят нест. Бахусус, баъд аз онки Муҳаммадбоқир аз тарафи мақомоти интизомӣ мавриди суиқасди мусаллаҳона қарор гирифт, бовар ва эътимоди мардум ба Раҳмонов ва намояндаҳои вай ба сифр баробар шуд.

Фишору зӯроварӣ болои помириҳо аз тарафи мақомот ба ҳадде зиёд шуд, ки ахиран  кормандони ниҳодҳои давлатии вилоят низ ночор шуданд садои эътирози худро баланд кунанд.

Хабаргузории «Pamir Daily News» навишт, ки кормандони бархе аз идороти давлатӣ аз тарзи корбарии Алишер Мирзонаботов ба шиддат изҳори нигаронӣ карда истодаанд. Мирзонабот дуруст ҳамон корҳоеро, ки дар дигар манотиқи Тоҷикистон ба як одат табдил шудааст ва касе муқобили он садо баланд намекунад, карда истодааст. Аз ҳисоби маошу пули ин кормандон баргузории чорабиниҳои давлатӣ ва эътои ҷоизаву тӯҳфаҳо аз номи Эмомалӣ Раҳмонов, масалан дар мусобиқаи гуштӣ, ки то омадани Мирзонабот дар Бадахшон касе аз чунин корҳо ёд надорад. Хуллас, фишору зӯргӯиву зӯроварӣ бо такя ба иқтидори ҳукуматро дар Помир ҳам ҷорӣ карда истодаанд. Афзун бар ин ба кормандони давлатӣ дастур додаанд, ки ҷавонони сини даъватро пайдо ва ба артиш ҷалб кунанд. Яъне фармондиҳанда ё супоришгар маълум аст,ки он “Пешво” ва амалӣ кунанда феълан Алишер Мирзонаботови писари угайи СС.Ятимов мебошад.

Манобеи мо дар ВМКБ ба мо хабар доданд, ки айни замон Ёдгор Файзов, раиси собиқи ин вилоят тақрибан дар шароити як нафари гаравгон ба сар мебарад. Ёдгор Файзов, баъди як моҳи барканорӣ аз мақомаш дигарбора ба муассисаи «Бунёди Оғохон» (AKF) ба ҳайси мушовир дар умури Осиёи Марказӣ таъйин шудааст. Файзов пеш аз онки ба мақоми раиси ВМКБ таъин шавад (дар соли 2018) раёсати Бунёди Оғохон дар Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Манбаи мо гуфт, ки таъйиноти Файзов аз тарафи Бунёди Оғохон беҷиҳат нест. Вай кадри ҳирфаӣ ва шахси кордон аст. Аммо гуфт ин манбаъ, ба ин тарафи масъала мутаваҷҷеҳ бишавед, ки таъйиноти як навъи посухи роҳбари ин Бунёд ба қарори аз кор барканор кардани Файзов аз тарафи Раҳмонов аст. Барои шахси Шоҳкарим-Ал-ҳусайнӣ-Оғони 4 ҳам иллати барканории Файзов ташреҳ дода нашудааст. Манбаъ гуфт дар аввал Оқохон хостааст, ки Файзовро дигарбора ба раёсати Бунёдаш дар Тоҷикистон таъйин кунад, аммо Раҳмонов қатъиян радд кардааст ва ҳатто розӣ нашудааст, ки Ёдгор Файзовро дар ягон ниҳодҳои ин Бунёд дар Тоҷикистон ба кор монанд. Зеро, таъйиноти Файзовро Раҳмонов ҳамчун мавқеъгирӣ ва ё агар содатар карда бигӯем тарафгирии Оғохон аз мардуми муътаризи ВМБК қабул кардааст. Бо ин таъинот Оғохон нишон додааст, ки аз бархурду муносибати Раҳмонов бо пайравонаш дар Бадахшон норозист. Ин манбаъ гуфт, ки вай шунидааст паспорти дипломатии Ёдгор Файзовро «аннулироват» кардаанд. Вай феълан, мисле, ки наметавонад тарки Тоҷикистон кунад, мамнуъулхуруҷаш кардаанд.

«Аммо ба рағми ин ҳама боз ҳам Бунёди Оқохон барои ӯ симати дигареро ихтисос дода ва ӯро ба ин мақом-мушовир дар умури Осиёи Марказӣ таъйин кардааст. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо ирсоли як огоҳинома аз ин тасмими Оқохон изҳори норозигӣ кардааст. Иллати онки Ёдгор Файзов наметавонад ба қароргоҳи Бунёди Оқохон дар Женева биравад ва ду моҳ мешавад, ки ӯ масъулияташро аз Тоҷикистон пеш бурда истодааст, ҳамин аст.»

Қазияи Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон бо чӣ меанҷомад ва мақсади Раҳмонов аз ин кашолкорӣ дар ҳалли он чист, номаълум аст. Вале, як чиз беш аз пеш рӯшантар мешавад, ки ВМКБ, ки як замоне дар тобеияти Бритониёи Кабир ва замоне ҳам дар Русияи подшоҳиву баъдан комунистӣ қарор дошт, дигарбора мавриди таваҷҷӯҳи байналмилалӣ қарор гирифтааст.

Нақшаи шум болои Бадахшон

Аз рӯи маълумотҳои охир ба  “Ислоҳ” расида тарроҳи нооромиҳо дар Бадахшон худи Путин буда , мақсад дорад то ин минтақаи Тоҷикистонро мисли Қрим таҳти султаи худ дарорад. Барои амали гаштани ин тарз Путин сардори КДАМи Тоҷикистон СС. Ятимовро интихоб  ва гуморида будааст. Гуфта мешавад СС.Ятимов яке аз любимчикҳои Путин будааст. Путин ки худ афсари КГБ буд аз машваратҳои СС.Ятимов дар таъсиси дасисаҳои ва фитнаҳо хеле хуб бохабар аст, ва махсус барои ин нақшаи шуми худ ҳамин СС.Ятимовро интихоб кардааст.  Солҳои пеш баъд аз фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ, Русия идораи сарҳади Тоҷикистонро ба худи Тоҷикистон вогузор карда буд.  Аммо ҳамеша дар садад ва нияти бозгаштан  ба ин марзҳо ҳеҷ гоҳ даст накашида буд. Баъд аз омадани Толибон сари қудрат дар Афғонистон Путин фурсатро ғанимат дониста бо онҳо робитаи хуб ба роҳ монд. Дар ҳоли заиф шудани иқтисоди Русия баъд аз ишғоли Қрим, маблағи иловагӣ аз наркотрафик барои Кремл хеле зарур аст. Аз инҷост ки бо ба даст гирифтани контроли сарҳади тоҷикистону Афғонистон ҳадди ақал қисман Русия метавонад бо як тир чанд нишонро занад. Якум ин ҷои пой мустаҳкам кардан дар сарҳад бо Афғонистон, дуюм кӯтоҳ кардани дасти Чин, сеюм даромад аз бозори маводи мухаддир, ва чаҳорум контрол аз наздик дар минтақа,  аз ҷумла болои Ӯзбакистон бо воситаи толибон.

Борои амали кардани ин ҳама тарҳ ва нақшаҳо СС. Ятимов вазифадор буд то дар минтақа алалхусус дар Бадахшон ҷанҷолҳои идорашаванда ва силсилави ба роҳ монад. Ва СС. Ятимов бо фитнаҳои худ ин супоришро амалӣ кард. Кремл медонист , ки Раҳмонов ба ин тарҳ  розӣ намешавад ва барои зери контроли бештар қарор додани Раҳмонов дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон муаммоҳои деринаро рӯи кор меорад. Ҳоло агарчи Раҳмонов бо роҳи осоишта қазияи Бадахшонро ҳал кардан хоҳад ҳам аммо назди Хоҷа ночор аст, чун ҳарфаш ба СС.Ятимов намегузарад.

Дар навбати худ СС. Ятимов бо овардани сари кор шогирди худ Алишер Мирзонаботов хост идораи Бадахшонро пурра ба дасташ гирад ва бо ҳамин баҳона Мирзонаботовро ба Маҷлиси Миллӣ ба вазифаи муовини Рустами Эмомалӣ дарорад ва дар оянда тавонад Рустамро ҳам контрол кунад. Аммо чун дид ки мардуми Бадахшон таслим шудани нестанд бо хоҳиши Ятимов мақомоти рус лидерони бонуфузи Бадахшонро аз Русия дастгир карда ба СС.Ятимов месупоранд, то бо ҳамин роҳ  мардумро тарс диҳанд. Дар мавриди истирдоди ҷавонони саршиноси Бадахшонӣ,ки ба гестапои СС.Ятимов истирдод шуданду бо зулму фишор ҳарчи барояшон бигӯянд бечораҳои асирон мегӯянд. Бояд ин бозиро эҳсос карда бошед,ки дар пушти ин киҳо меистанд.

Ҳоло чихеле, ки дар ВАО маълумот оиди омодаги боз кардани консулгарии Русия дар Хоруғ пайдо шуд, гуфтан мумкин аст, ки тарҳи Кремл аз рӯйи нақша рафта истодааст.

Табиист, ки мардуми аз ҳукумати Тоҷикистон зулмдидаи Бадахшон маҷбуранд ба ҳар халосгар розӣ бошанд, агарчи он бегона бошад ҳам. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сокинони Бадахшон хабари  ифтитоҳ шудани консулгарии Русияро як роҳи наҷот аз зулми Ҳукумати Тоҷикистон дар асл СС.Ятимови махуф  мебинанд.

Баъид нест ки пас  аз кушодашавии консулгарии Русия  дар Хоруғ сарбозони рус ҳам пайдо шавад, баҳона ҳам ҳаст, «ба хотири ҳимоят аз шаҳрвандони Русия дар Помир » Чун дар ҳар минтақаи Тоҷикистон тоҷиконе ки шаҳрвандони Русия низ ҳастанд зиндагӣ мекунанд. Албатта ин ҳимоят як баҳонаест барои хок пошидан ба чашми мардум ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, аммо дар асл ин як  манёври дигари Кремлин барои амалӣ кардани нақшаи истилогаронаи худ баҳри баргардонидани заминҳое,ки солҳо зери тасарруфаш қарор доштанд.

«Тибқи хабари дигари манобеъи “Ислоҳ” мардон дар Хоруғ нопадид мешаванд. Як манбаъ афзӯд: “ ман ,ки писар тағоям панҷ рӯз буд нопадид буд аз ӯ ҷустуҷӯ намудем вале бе фоида буд ва пайдояш накардем. Дар ин ҷустуҷӯ пайвандони 21 нафари дигарро дидам,ки дақиқан ҳоли моро доштанд. Мақомот бошанд аслан аз мо аризаи «Без вести пропавший»ро қабул намекунанд. Ҳама намуд алоқа бо марказ ва хориҷ қатъ аст. Вақте аз сину соли ин нопадидшудаҳо пурсидем. Посух чунин буд, аз 18 то 38 сола буданҳояшонро медонам гуфт ҳамсуҳбати мо.»

Феликс Қулов, собиқ ноиби раиси ҷумҳури Қирғизистон ва яке аз сиёсатмадорони огоҳ аз равандҳои сиёсии Тоҷикистон низ дар як сӯҳбаташ ба дунболи ҳаводиси моҳи январи Қазоқистон, ки Нурсултон Назарбоев ва ҷоҳу ҳашмати ӯро ба хоки сияҳ яксон кард дар иртибот ба қазияи ВМКБ изҳори назар карда ва гуфтааст, ки

«Судя по некоторым отрывочным сведениям, назревает пока непонятное напряжение в Горно-Бадахшанской автономной области Таджикистана.Так что расслабляться не приходится».

Шояд, бигӯед, ки хайр чӣ? Як изҳори назар асту бас. Аммо агар фақат қазияи дохилӣ буд, чизе намегуфт. Манзураш ин аст, ки Раҳмонов аз ҳодисаи Қазоқистон сабақ бигирад. Хоруғро Жанаозен накунаду худашро Назарбоев.

Аммо феълан, чуноне гуфтем, Раҳмонов кори худашро карда истодааст ва ҳадафашро ҳам танҳо худаш медонад. Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ  ҳамчунин дар ҳамон ҷаласаи махфӣ бо сохторҳои қудратӣ аз қавли Раҳмонов ин дастур ва ҳидояти ӯро ба «силовикҳо» расонидааст, ки «бояд шиддати фишор болои афкори ҷамъиятӣ ва лидерони оппозитсия дар Помир идома дода шавад».

Сообщение Оё Ёдгор Файзов гаравгон ва мамнуъулхуруҷ аст ? появились сначала на ISLOH.net.

Дар пасманзари дасисаи навбатии «Пешво» дар Бадахшон
Ҳанӯз замони таъйини Ёдгор Файзов маълум буд, ки Эмомалӣ Раҳмонов аз рӯи иҷбор ва ноилоҷӣ чунин қарор қабул кард. Агар шароит дар Хоруғ оддӣ ва авзоъ ором буд, Раҳмонов ҳеҷ гоҳ Файзовро раиси ВМКБ таъйин намекард. Бо овардани Файзов ба унвони «одам»-и Оғони 4 ва нафаре, ки дар доираи гурӯҳ ва афроди зинуфузи Бадахшон аз эътибор ва эҳтиром хос бархурдор аст, Раҳмонов шиддати авзоъ дар Хоруғро паст кард ва тавонист аз хезиш ва эътирозоти мардумӣ ҷилавгирӣ кунад.

Ёдгор Файзов тайи се соли фаъолият тавонист муваффақ ба ҳифзи тавозун дар васати ҳама ҷавониби дар он замон рӯдарӯ қарордошта бишавад. Оштӣ додани лидерони мардумӣ ва ё ғайрирасмии вилоят бо худи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси фармондеҳи Қувои мутаҷовиз ба хоки Бадахшон, овардани онҳо ба Душанбе ва бастани қарордодҳо бо ҳар кадоме аз онҳо аз иқдомоте буданд, ки эътибори Ёдгор Файзовро боло бурд. Вагарна имкони такрори сенарияи ҳуҷуми таҷовузкоронаи соли 2012 ва рехтани хуни инсонҳо ногузир буд. Ҳамон хунрезие, ки ба маҳзи миёнҷигии Ёдгор Файзов генералҳои то ба дандон мусаллаҳи Раҳмонов розӣ ба сулҳу оштӣ шуданд ва даъвоҳои баландпарвозонаи худро пас гирифтанд. Албатта, муқовимати ҷоннисоронаи ҷавонмардон ва зану марди худи Бадахшон алайҳи мутаҷовизин буд, ки авзоъро дигаргун кард, вале шахсияти Ёдгор Файзов дар ҳамон ҳодиса матраҳ ва ба ҳайси одами Оғохони 4 таъсиргузор шуд.

Ҳоло, ки авзоъи дохилӣ дар Бадахшон нисбатан сокиту босубот аст барои Раҳмонов нафаре лозим аст, ки дар баробари хавфу хатарҳои берунӣ биистад ва дар ҳолоти изтирорӣ дар ҷалби афроди мулкӣ-яъне халқи одии Бадахшон барои ҳифзи қудрати сиёсӣ диранг ва кутаҳӣ накунад.

«Овардани Алишер Мирзонаботов, генерали Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва муовини пешини «масъули амнияти 9униммиллион аҳолии Тоҷикистон» ба мақоми раиси ВМКБ бо ҳамин ҳадаф ва нақша сурат гирифта аст.»

Таваққӯи Раҳмонов аз Ёдгор Файзов ин буд, ки лидерони мардумии ин минтақаро   «бишканад» ва тасаллути Раҳмонов ва ҳокимияти қавмиву хонаводаги вай бар болои «помириҳо»-ро таъмин кунад. Помириҳое, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ дар муқобили Раҳмонов ва якҷо бо мухолифин қарор доштанд. Раҳмонов бисёр мехост аз шахсияти Файзов барои манфиатҳои ҳокимияти хеш суистифода кунад. Барои Раҳмонов муҳим ва асос ҳамин буд. Аммо Файзов бо дурандешӣ ва оқилии тамом зери ин бор нарафт, помириҳоро нафурӯхт. Ҳамчуноне, дар ҳамлаи Раҳмонов ба Бадахшон дар соли 2012 Мамадшо Илолов, Президенти онрӯзаи Академияи улум ва Мамадамин Маҳмадаминов, вазири собиқи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ аз фармони Раҳмонов барои вуруди артиш ба Хоруғ ҷиҳати саркӯби мардум ба шиддат интиқод карданд ва ба маҳзи аз мардуми худ пуштибонӣ карданашон, Раҳмонов онҳоро аз мақомҳо барканор кард.

«Ёдгор Файзов бо камоли фаросат дарёфт, ки Раҳмонов қасд дорад тавассути вай миёни бадахшониҳо хусумат ва ҷудоӣ андозад. Барои ҳамин вай ин дастури Раҳмоновро муаллақ гузошт, иҷро накард. Балки тавре рафтор кард, ки мардуми Бадахшон ба ӯ ҷазбу ҷалб шуданд ва ӯ ҳам дар маъракаҳои ҳашару корҳои оммавии мардум, дӯшодӯш бо онҳо ва бидуни «телех» ширкат мекард.»

Аммо ҳоло Раҳмонов Бадахшон ва бадахшониҳоро ба дасти «амниятиҳои реваншист ва аламдардил» супорид. Зеро ҳеҷ гоҳ ба мардуми Бадахшон эътимод надошт ва дошта ҳам наметавонад, чун ин мардум сахт саркашу мағруранд ва аз сӯи дигар Толибони тоҷикӣ дар ҳамин марзи бо Бадахшон идора ва ихтиёротро дар даст гирифтаанд. Раҳмонов дар чунин вазъу дар чунин замон зимоми умури бадахшониҳо ва Бадахшон бояд дар дасти як одами ниҳоят содиқу сарсупурдаи худаш бидиҳад, ки ҳамзамон хӯю хислату рафтори даррандаро дошта бошад ва чунин  нафарро ба ҷуз аз генерали амният Алишер Мирзонаботов кӣ буда метавонад?

«Нотавонӣ барои мутеъ сохтани лидерони мардумии Бадахшон, итминон надоштани  Раҳмонов ба мардуми Бадахшон, таҳдиди толибони тоҷикӣ дар марз ва бар болои инҳо  даъвои Содир Жапаров, раиси ҷумҳурии Қирғизистон бар сари Мурғоб  аз омилҳое мебошанд, ки Раҳмоновро водор кардааст Бадахшонро ба як минтақаи низомӣ ва ё ниманизомӣ табдил бидиҳад.»

Ташкили пойгоҳи низомии Чин дар Мурғоб ва нишондани як нафари низомӣ дар курсии раҳбарии ВМКБ аз тадобири амниятиест, ки Раҳмонов барои эминӣ ва ҳимояти ҳокимияти қавмиву хонаводагии худ рӯйи даст гирифтааст. Кореро, ки тайи ин ҳама муддати сӣ сол анҷом додааст-барои ҳифзи қудрат ва сарвати андӯхтаи худ ва оилаи калонаш омодааст, ки тамоми Тоҷикистонро ба савдо бизанад ва дигарбора ба хоку хун нишонад. Вагарна,Бадахшонро ба як минтақаи низомӣ табдил намекард ва баъид нест, ки дар оянда нақшаҳоеро барои маҳву безараргардонии лидерони мардумии Бадахшон ва ба ин баҳона боз ҳам бештар ворид кардани Қувои ҳарбиву техникаи низомӣ ба ин вилоятро дар даст дошта бошад.

«Раҳмонов ҳеҷ коре ба кори мардуми ин минтақа ва инки вазъияти иҷтимоии онҳо чи гуна аст ва инки онҳо гармиву рӯшанӣ доранд ё хайр, надорад. Вале бояд пояҳои қудрати худро ба ҳар шакле ва ба ҳар нархе, ки бошад таҳким бахшад.»

Шояд, ин хабари расида барои мо шойеъа бошад, аммо гуфта мешавад, ки Ёдгор Файзов ба содироти нерӯи барқ аз ҳисоби «Помирэнерҷӣ»(хонда шавад аҳолии ВМБК) ба Афғонистон зид будааст. Зеро дар сохтмони «Помирэнерҷӣ» ҳукумати Раҳмонов, мешавад гуфт, ки аслан пайсае масраф накардааст. Ва, онро пешвои маҳбуби мазҳабии ин мардум Имом Оғохони 4 сохтааст. Аммо соли гузашта аҳолии ин вилоят ҳам бо лимит барқ дарёфт карданд, чунки аз ҳиссаи онҳо ба Афғонистон фурӯхт.

Ёдгор Файзов дар мусоҳибааш баъди рафтан аз мақом бо радиои «Озодӣ» бо як ишораҳое розомез нороҳатии худро дар робита ба барканориаш пинҳон надоштааст.

Инки мегуяд ӯ танҳо баъди омадани Асадулло Раҳмон-Сумбулоғои Раҳмонов фаҳмид, ки фармони баканориаш имзо шудааст, як далели ин гуфтаи мост. Кинояҳои таҳдори ӯ, ки мегӯяд «як одам дар як вазифа умрбод намемонад», «бидуни хиёнат ба давлату мардум аз мақом биравад» беҷиҳат гуфта нашудааст ва мухотаби худро дорад. Чунки вай фикру андешаи худ, ва ҷисму ҷони худро сарфи кор барои мардумаш карда истода буд ва бидуни шак нақшаҳоеро барои солҳои баъдӣ дар сар дошт ва яке нохоста ва ногумон ба як шеваи золимона аз вазифа маъзулаш мекунанд. Вақте аз ӯ суол мекунад, ки шояд як иллати равонидани шумо нотавонӣ дар ҷалби инвеститсия бошад, ӯ дар инҷо ҳам посухи воқеӣ медиҳад:…. «сармояро танҳо ман намеорам, ҳукумати марказӣ ва шарикони рушд ҳам меоранд». Маълум аст, ки тазккури  «ҳукумати марказӣ» чи маъно дорад. Яъне ин ҳукумати марказӣ-Эмомалӣ Раҳмонов аст, ки воридоти сармояро ҳам таҳти назорат дорад. «Шарикони рушд»-ин ба он маъност, ки ҳоло ҳеҷ сармояи давлативу хориҷӣ бидуни ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо ширкатҳое назири «Фароз» ва инак ҳоло «Авесто-групп» ба минтақаҳо ворид карда намешаванд.

Вақте Ёдгор Файзов мегӯяд, ки «дар бораи пойгоҳ маълумоти зиёд ҳам надоштам. Ин аз салоҳияти ман  берун аст»,хеле гапҳоро гуфтааст. Манзураш ин аст ки новобаста аз онки ВМБК мақоми махсусе дорад аммо дар ҳудуди ӯ бидуни ризояти Маҷлиси намояндагони халқи ин вилоят пойгоҳи ҳарбӣ ташкил карда мешавад. Ин ба он маъно аст, ки ҳатто ба худ иҷозат намедиҳанд, ки раиси вилоятро дар ҷараён бигзоранд.

То ҳамин имрӯз Раҳмонов он идда аз мансабдоронашро, ки бо ҳамин шева, яъне бидуни огаҳии қаблӣ аз кор гирифтааст, ба ягон мансаби дигар наовардааст. Гумон намекунам ки ӯро ба кадом масъулияти давлатӣ ҷалб намоянд ва баъид аст ки худи ӯ розӣ шавад. Алишер Мирзонаботро аз КДАМ овардану муовини Файзов дар Бадахшон мондан ва аз онҷо ба Хоруғ бурдану ниҳоят дар курсии Файзов нишондан бар он далолат мекунад,,ки аз ҳамон оғози кори Файзов ӯро барои муваққат оварда будааст.

«Акнун Алишер Мирзонаботов дасиса мечинад ва иғво меангезад. Оромиро аз Толиб Айёмбекову Мамадбоқир Мамадбоқирову Ёдгор Шомусалламов мегирад ва талош мекунад султаи Раҳмоновро ҳам дар шаб ва ҳам дар рӯз дар Бадахшон ҷорӣ кунад. Ин эҳтимолро наметавон истисно кард, ки онҳоро дар шарикӣ ва ҳамдастӣ бо Толибон муттаҳам карда ва сарнавишти Аловуддин Давлатов-Алии бедакиро бар сари онҳо биёваранд.»

Дар мавриди раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ ,ки тоза ба ин мақом баргузида шуд. Ӯро шахси бо савод ва фаҳмидае мегӯянд. Ҳолдонҳо ба ин назаранд,ки агар ӯро ба мақоми раиси ВМБК ба ҷойи Алишер Мирзонабот мегузоштанд муносибтар ба ин вилоят буд. Аммо Раҳмонов ҳамеша кори худро ба шакле анҷом медиҳад,ки ба ӯ писанд ва муносиб бошад,на инки ба нафъи мардум ва беҳбудии онҳо.

Ҳоло яке ду рӯзе аз сари кор омадани Алишери Мирзонабот нагузашта ташкил кардани дидору мулоқоти вай бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар Хоруғ ва ин суханони ӯ, ки «бо дастгириҳои сокинони сарбаланди шаҳри Хоруғ, роҳбарияти Олии мамлакат нисбати мо боварӣ пайдо намуда, моро ба ин вазифаи пурмасъул таъин намуданд,… «гарчанде,ки ман раиси вилоят интихоб гардида бошам ҳам шаҳри Хоруғ ҳамеша дар зери таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят қарор дорад» бозгӯи он аст, ки дар инҷо ҳам дурӯғу воҳимаву манманӣ-маҳак ва меҳвари сиёсатҳои то ба имрӯз давомкардаи Эмомалӣ Раҳмонов ҷойи воқеиятро мегирад.

«Вале, афроде мисли Ёдгор Файзов, ки хидмат ба мардумро дар ҷойи аввал мегузоранд, дар ҳукумати Раҳмонов зиёд давом намеоваранд, чунки ҳузури онҳо пеш аз ҳама ва беш аз ҳама худи Раҳмоновро нигарон ва мушавваш месозад.»

Дар охир инро изофа менамоям,ки ҳама мардуми ғаюри сарзамини Бадахшон огоҳии сиёсии худро аз даст надиҳанду ҳамеша аз ин проектҳои шуми “Пешво” дар ҳазар бошанд. Қумондонҳо ва афроди саршиносу маъруфи Бадахшон низ ҳеҷ интизори хайру хубе аз ин иқдоми охири Раҳмонов ҷашминтизор набошед. Ончи бар сари мо гузашт ,дар дигар манотиқи ватани азизамон ,намехоҳем бар сари шумо такрор шавад. Мо Раҳмонов ва дасисаҳои ӯро хубтар аз ҳар сокинони бақияи кишварамон медонему огоҳтарем. Мо огоҳ кардему шумо шунидед!

Сообщение Дар пасманзари дасисаи навбатии «Пешво» дар Бадахшон появились сначала на ISLOH.net.