Архивы Зардиев Абдуҷаббор - ISLOH.net

Кулоб: заминфурӯшӣ, ғорати мардум ва рӯзҳои сиёҳи ҷ. Зиракӣ зери ҳукми Зардиевҳо
Номаи маро алоҳида нашр кунед №43

Ин шумораи мо аз ду нома аз ҷамоати Зиракии шаҳри Кулоби бостон таҳия ва таркиб ёфтааст. Муаллифони ҳарду нома ҳам бо факту далелҳо навиштаашонро мудаллал ва қавӣ кардаанд. Аз заминфурӯшиҳои Зардиевҳо, то фаъолияти «бузҳо»-ву хадамоти оташнишонӣ ва БДАи Кулоб гуфтаанд. Аз инҷо мефаҳмед, ки афроди ба таъбири ин мардум байндаро, ки миёни сокинон ва Зардиевҳо барои фурӯши замин посредникӣ мекарданд чаро барои солҳои тӯлонӣ зиндон шуданду аммо худи Зардиевҳо не. Мефаҳмед, ки заминҳои тасарруфкардаи Зардиевҳоро кадоме аз духтарҳои Раҳмонов гирифтааст. Аз он гуфтаанд, ки аз халқ пул ҷамъ мекунанд вале кореро, ки бояд анҷом медоданд, ба иҷро намерасонанд.

Хулоса, ин номаҳо хонданибоб ва ҷолибанд. Бо Ислоҳ бошед,то огоҳ бошед.

Номаи 1

Кулоб (Комсомол)

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Худованд ҳама мушкилиҳоро бартараф кунаду ҳамакаса бо сари баланд ва пирӯзӣ ба ватан баргардем.

Номаи ман аз шаҳри Кулоб, ҷамоати Зиракӣ, деҳаи Абдуҷаббор Зардиев, раиси собиқи шаҳри Кӯлоб, яъне деҳаи Комсомол фиристода мешавад.

Бародари азиз, баъди нашри мақолаҳо ва пахши наворҳои шумо дар бораи Абдуҷаббор Зардиев (Абдуҷаббор Зардиев:

« Аз Данғара ин сӯ ман «Ҷаноби Олӣ»-и Кӯлобам» https://isloh.net/14749/abdujabbor-zardiev-az- danghara-in-su-man-janobi-oli-i-kulobam,

«Пешво» ба ЗАРДИЕВ унвони» Профессор»и фахрӣ дод, то бештар кулобиҳоро зулм кунад.

https://isloh.net/14902/peshvo-ba-zardiev-unvoni-professor-i-fahri-dod-to-beshtar-kulobihoro-zulm-kunad/

Оё Раҳмонов президенти Кулоб ҳам ҳаст ё аз Кулоб Зардиев аст? https://isloh.net/14672/oyo-rahmonov-prezidenti-kulob-ham-hast-yo-az-kulob-zardiev-ast ) ва ифшои аъмоли ҷиноятии вай мо резултатҳои аҷиб ва зиёдеро шоҳид шудем. Инҷо аз ин резултат-натиҷаҳои ин

Моҷарои Зардиевҳо

Раиси ҷамоати Зиракӣ Зардиев Ҳусниддин, яке аз писарҳои Абдуҷаббор Зардиев заминҳоро бисёри бад фурӯхта буд. Аз заминҳои деҳаҳои НКВД, Комсомол, Чапаев ва ғайраҳо, хуллас аз ҳамаи 17 деҳаи ҷамоати Зиракӣ садҳо гектарро фурӯхт.

Аз байн хеле вақт мегузарад

Як нафарро, ки корманди прокуратура буд Зардиевҳо подставит мекунанд. Ин прокурор аз деҳаи Чапаев буд. Прокурор чи кору бор, махинатсия ва афёраҳои инҳоро бояд тафтиш мекард. Ба ҳамин хотир прокурорро пул пешниҳод мекунанд- 50 000 доллар. Прокурорро пул пешниҳод мекунанду пулро медиҳанд, аммо прокурорро подставит мекунанд.

Вале прокурор чи роҳе карда кору борашро ҳал мекунаду баъд аз ақиби решаи Зардиевро кандан мешавад. Аз ақиби заминфурӯшии инҳо мешавад. Аз Прокуратури ҷумҳурӣ- Душанбе проверка меоянд.

Ҳама заминҳое, ки онҳо ғайриқонунӣ фурӯхтаанд, мисол дар НКВДеву Чапаев, Комсомол, Навобод ва ғайраро тагуру мекунанд, садҳо далелу фактҳоро рӯи об мебароранд.

Зардиевҳо дар ин деҳаҳо байндаро (посредник) доштанд. Яке аз онҳо раиси деҳаи Комсомол Юсуф, ҳамсояи худи Зардиев, бачаи бобои Абдураҳим буд. Ин аз халқ пулро мегирад, ягон миқдорашро барои худаш вале қисми асосиашро ба Ҳусниддини Зардиев, раиси ҷамоат медиҳад.

Аз деҳаи НКВД ва Навободи боло Пулод гуфтанӣ одам раиси маҳалла буд. Вай ҳамчун байндаро-посредник аз халқ пулро мегирифт ва ин ҳам як миқдорашро худаш боқиашро ба Ҳусниддин Зардиев медод.

Шамсулло, аз ҷамоати Зиракӣ, ки дар ҷамоат ҳам кор мекард, ин ҳам байндарои Ҳусниддин Зардиев буд. Пулро ҷамъ мекунад, камашро худаш мондагиашро ба Ҳусниддин Зардиев медиҳад.

Прокурори омада халқро мепурсад, ки кӣ ба шумо замин фурӯхт, халқ метарсад бигӯяд, ки Ҳусниддин Зардиев ё худи Абдуҷаббор ё Сафар ё Набӣ Зардиев, писарони Зардиев ё ки Фирӯз набераи Зардиев, бачаи Абдураҳмон Зардиев фурухтагӣ. Ин Фирӯз ҳам дар ҳамаи корҳо шарик буд. Амалан хонаводаи Зардиев аз калонҳояш то набераи навтаваллудшудааш ҳақу ҳуқуқ дошт, ки дилхоҳ участкаро ҳатто аз заминҳои киштзор бифурӯшад. Ҳақу ҳуқуқ дошт, касе чизеаш гуфта наметавонист.

Вақте прокурор мепурсад, ки ба шумо кӣ замин фурӯхтааст, халқ метарсад бигӯяд, ки ба мо фалонӣ фурӯхтааст.

Дар деҳаи Комсомол аз прокуратура ва пажару милиса, ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омадагӣ буд. Халқ як тараф, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як тараф. Бо булдозеру бо экскаваторҳояшон омаданд. Манзараи деҳа мисли майдони баъди ҳарбу зарб ва ҷанг шуда буд. Хонаро мемонанду девору плитаҳои гирду атрофи онро покиза чапа мекунанд.

Ин ҳам дар ҳоле аст, ки халқ меҳнат кардагӣ аст. Ин қадар сари сол ба муҳоҷират омада кор кардааст ва рафтааст як хона сохтааст, барои худаш. Аз куҷо бидонад, ки ба доми найрангу фиреби Зардиевҳо афтодааст. Фикр мекард Зардиев, ки худро одам ва рафиқи наздики президент мегирифт, онҳоро фиреб намедиҳад.

Вақте полний ход аз красний линия мегузаранд, баъд чору ночор мегӯянд, ки Набӣ Зардиев фурӯхтамон. Албатта, мақомот, прокурор хуб медонист, ки қисме аз заминҳоро Набӣ Зардӣ фурӯхтааст. Вале агар одами одӣ бигӯяд, иқрор ва эътироф кунад ин мешавад далел барои кушодани дело. Вақте номи Зардиев ҳаст мардум хап мекунанд. Аммо, дар ҳол баъд аз онки номи Набӣ Зардиро мегиранд Набиро дастгир мекунанд. Набӣ Зардиев ва Ҳусниддин Зардиевро дастгир мекунанд. Набиро бар ивази пули калон раҳо мекунанд.

Ҳамин тавр Фирӯзи бачаи Абдураҳмон Зардиев, Юсуф, раиси маҳаллаи деҳаи Комсомол, Пулод, раиси маҳаллаи деҳаи НКВДро дастгир мекунанд. Шайдулло дар ҷамоати Зиракӣ кор мекард, сокини деҳаи Зиракӣ аст, вайро ҳам дастгир мекунанд. Хулоса, ҳамаи ин заминфурӯшҳоро боздошт мекунанд.

Дере нагузашта омаданд, полний бе ғайр аз хонаҳои одамҳо дар он минтақа, ки инҳо беқарору бемӯҳру беҳеҷчӣ участкаи ғайриқонунӣ тақсим карда буданд, яъне пулро гирифтанду участкаро ба халқ доданд, ҳамаи ин заминфурӯшҳоро дастгир мекунанд.

Аз байн ду се моҳ мегузарад. Юсуфро якум бор се  ва дуюмбора  шаш солаш медиҳанду Пулодро 15 сол, Шайдуллоро 6 сол медиҳанд. Набӣ Зардӣ ва Фирӯз Зардиро дар спетсприёмник меқапанд, онҷо меистанд. Дар спетсприёмник як сол меқапанд. Баъди як сол, баъди чанд миллион доллар супоридану ришва додан Набӣ Зардиевро бо Фирӯз раҳо мекунанд.

Дар инҷо бояд Сафар Зардиевро низ меқапиданд. Абдуҷаббор Зардиев талош кард, ки яку якбора ду писарашро маҳкам накунанд ва ба ҷои Сафар Фирӯзи набераашр маҳкам мекунанд.

Сафар Зардиев беҳад шахси нобакор ва бераҳм аст. Дар бераҳмӣ ҳадду канор надорад.

То ба ҳол заминҳои халқ чи тавре буд, ҳамон хел истодагӣ аст. Мушкилии халқ ҳамон тавр истод, бартараф нашуд. .

Ҳусниддин,Сафар ва Фирӯз Зардиевҳо пулро дода раҳо шуданд. Аммо Юсуф, Шайдулло  ва Пулод раисони маҳалла, инҳо, ки пул надоштанд, сол гирифтанд. Зарари расида ба халқ аз тарафи ҳукумат ва аз ҳисоби Зардиев ҷуброн нашуд.

Аммо заминҳои зиёди Зардиевро аз дасташ гирифтанд. Гуфтанд, ин заминҳоро духтари президент- Тахмина Раҳмонова гирифтаст.

Аз деҳаи Лақайо сар карда то деҳаи НКВД полний ход по круги заминҳоро маҳкам карданд. Забор гирифтанд. Ин заминҳо як вақтҳо ба номи заминҳои президентӣ ба халқи камбизоат тақсим шуда буданд. Ҳамаи ин заминҳоро гирифтанд. Ин заминҳо як қисмаш корӣ як қисмаш санглох ва чарогоҳ буданд. Ҳозир халқи Чапаев, халқи Лақайо, халқи Комсомол, НКВД ва Навобод  замини кишт ва чарогоҳ барои гову молашон надоранд. Ин заминҳоро гирифтанд.

Сайфулло Носировро чаро маҳкум карданд?

Як масъалаи дигар ин масъала Носиров Сайфулло аз деҳаи Офтоблиқо аст. Ин одам як вақтҳо бо шумо дар бораи мушкилоти мактаб сӯҳбат карда буд. Яъне фарзандонаш пули бур, пули хондан, пули ремонт, пули газету пули журналу пули моҳонаи мактаб, пули ранги партаву доскаву ручка гуфта безораш карда буданд.

Ин шахс беҳад инсони хуб аст.

Вақте ки беҳади бад вазнинаш меғалтад, бо шумо сӯҳбат мекунад. Аммо Сайфулло постояно дар Русия аст. Вай ба куҷо муроҷиат карданашро намедонад. Ба пеши шумо омада ба шумо муроҷиат кард, ки мо ҳамин хел ҳол дорем. Ягон фикри бад надошт.

Аммо худи ман як чанд рӯз пеш телевизорро тамошо кардам вазири маориф гуфт ки хонанда дар мактаб набояд пул диҳад. Лекин  ин одам ҳамаи пулро месупорад. На фақат ин одам, ҳама падару модарҳо месупоранд. Аммо ҳама хап карда бошад ҳам, ин одам гап зад. Ин бечора мушкилоташро гап зад. Таври дигар гӯем худашро қонунӣ ҳифз кард. Баъди қонунӣ ҳифз кардан ин шахсро фарёд карданд ба Тоҷикистон ва ваъда карданд, ки биё мо туро авф мекунем. Омад ба Тоҷикистон. Чандин ҳазор сомониашро гирифтанд. Аз фурудгоҳ ӯро гирифтанд ва рост амният бурданд. Хеле пули калонашро гирифта баъди се рӯз раҳояш карданд.

Раҳояш карданд, омад дар хонааш барои ҳақу ҳамсоя як даҳан нон кард ва ду се рӯз дар хонааш гашт. Аммо боз аз сар фарёд кард амният. Прокурор аз сар делоро бардошта гуфтааст, ки ин шахсият пул дод, шумо корашро буд, кардед. Хулоса, гӯё делоро аз сар мебардоранд.

Ин нафарро худашон фарёд карданд аз Москва, гуфтанд, биё авфат мекунем, дар ҳоле, ки ин шахс дар асл ягон гуноҳ накардааст, 9 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ба хотири онки камбудиро гуфт. Бояд камбудиро гуфт то ислоҳ шавад.

Аммо ҳанӯз ҳам директори мактаби деҳаи Офтоблиқо Шамсия  Ғоибова, духтари Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб аст, аз ҳамаи талабаҳо пули моҳона, пули газета, пули журнал, пули ҳамаи чиз гуфта аз халқ ситонида гирифта истодааст. Сайфулло бошад фақат ба хотири ҷилавгирӣ аз ин амали ғайриқонунӣ 9 сол гирифт.

Як масъалаи доғи рӯзи дигар барои кулобиҳо

Ин масъалаи доғи рӯз масъалаи таъминоти мардум бо оби ошомиданӣ барои мардуми мо аст. Дар як қисми деҳаи Офтоблиқо аз номи Зоири домоди президент бо миёнравии Умед, ки бо Ҷаноби олӣ кор мекунад, пул доданд ва бо ин маблағ дар як қисми деҳаи Офтоблиқо об кашиданд. Насос монданд ва обро ба ҳама кӯчаҳои халқ кашиданд.

Баъди ин боз як соҳибкори дигар бо маблағи закоти молаш ба як қисми дигари деҳа об кашид. Насоси калон хобонданд, обанбор ташкил карданд. Ин обанборро дар кӯҳ дар болои деҳа дуруст карданд ва аз он ба ҳамаи хонаҳо об кашиданд. Соҳибкор закоти молашро дод ва об кашид.

Баъди ин ҳама водоканал ҳам омад ва ҳамаи деҳаро бо оби обанбор таъмин кард. Аммо оби аз номи Зоир ҳадякардаро маҳкам ва аз обанбори соҳибкор халқро таъмин карданд.

Аммо ҳоло бисёрии вақт ба халқ ин об намерасад. Дар давоми рӯз саҳар меояд  вале то шаб намеравад. Мардуми дар аввали обанбор дорад ба охири қишлоқ об намерасад. Деҳаи мо то ҳоло аз об танқисӣ мекашад. Дар тобистон вазъ боз бадтар мешавад.

Набиев Ҷамшед раиси водоканали Кулоб аст. Мо дар барои ин шахс як маротиба ба шумо нома навишта будем. Вақте ин шахсро фарёд мекунанд, ки дар бораи шумо Муҳаммадиқбол гап зада истодааст. Мегӯяд: «туғрияй, пула додам амниятда корма ҳал кардан, ягон кас ягон корум карда наметавонад».

Шогирди Набиев Ҷамшед Олим ном дорад. Олим, ки мулло Олимаш мегӯянд дар   17 деҳаи ҷамоати Зиракӣ пули об ҷамъ мекунад. Мулло Олим аз ҳар оила барои об аз 110 то150 сомонӣ дар моҳ пул ҷамъ мекунад. Маълум аст ки халқро фиреб мекунАд. Дар ҳамаи хонаҳо учетчик часпондагианд.150 сомонӣ мешавад мегӯяд: «150 сомонӣ шуд 100 сомонӣ диҳед туғриш мекунам, мегӯяд».

100 сомониаш медиҳӣ дар сӣ сомонӣ чек мекунад 70 сомониашро дар ҷебакаш мезанад. Дар асл бигирем ин қадар пул, ҳатто ҳамин сӣ сомонӣ ҳам кор намекунад.

Азбаски дар Тоҷикистон занҳову кӯдакҳо ва пирсолҳо мондаанду тамом, бобои Муллоолим ба хонаҳо даромада зану пирҳоро фиреб мекунад.

Дар болои деҳаамон як канали калон ҳаст. Вақте баҳор мешавад ва аз куҳистон сел меояд болои ҳамин деҳа об меравад. Барои онки канал аз ҳисоби заминҳои Зардиев пур аз лою гил шудааст. Ҳар вақт аз ин канал сел сар мезанад ва ба даруни деҳа меояд. Аз он ҷумла порина беш аз 50 хонаро зарари беҳад зиёд расонд. Сел аз кӯҳ меояд ва через канал ба деҳа сарозер мешавад. Канал пур,ки буд сел даруни заминҳо ва хонаҳои халқ, ба дохили деҳа даромад.Роҳҳову латокҳои даруни қишлоқ,хуллас ҳамаро ҷазир кард.

Инҷоро, масалан ҳамон каналро бояд идораи Водоканали Кулоб ба вақту соаташ тоза кунад. Пули халқро чандвайной фиреб карда мегиранд вале ҳеҷ чизе намедиҳанд ба худи халқ.

Набиев Ҷамшед бояд ин каналро тоза кунад. Аммо баъд аз онки ба халқ зарари вазнин  расонданд аз тарафи ҳукумат экскаватор оварданд ва каналро тоза карданд. Чор рӯз тоза карданд, аммо канал буд нашуд. Тракторист мехост биравад. Барои онки вақти шартномааш буд шуд.

Ҷумъа немис гуфтанӣ одам (ин одам мехоҳад, ки раиси маҳаллаи деҳа шавад, ҷамоат ҳам мехоҳад, ки Ҷумъа -немис раиси маҳалл шавад, зеро Ҷумъа немис бо ҷамоат даромадҳоро тақсим мекунад) ҳаракат кард, одам овард ва муҳлати кори тракторро боз добавит карданд. Боз ду -се трактори дигар кор кард. Лекин соляркаашро аз ҳисоби халқ рехтанд. Се рӯзи дигар кор карданд тракторҳо.

Пули бақияи свет 10.000 сомонӣ.Аз куҷо?

Акнун дар бораи мушкилоти истифода ва масрафи қувваи барқ дар Офтоблиқо гуфтаниам. Ҳозир тамоми счетчикҳои деҳаи Офтоблиқро бо счетчикҳо нав иваз намуданд.

Счетчикҳои электронии картавӣ. Гуфтанд, ки дар счетчикҳои пешина бақияҳоро нол кунед, баъд картаҳоро биёед бичаспонед. Счетчики картагӣ бизанед баъд бичаспонедашон.

Як хел одам то 8, то 10000 сомонӣ бақия дар номаш ҳаст. Ин бақия аз куҷо меояд, номаълум. Халқ, аз он ҷумла худам ҳар моҳ пули свет- чанд пуле мешавад,через карта месупорам. Наличий карда ба светавой месупорам. Ҳоло дар ҳисоби хонаи ман 8 000 сомонӣ бақияи свет будааст. 8000 сомонӣ!

Як световойро пурсидам, ки свети хонаи худат бақия дорад?

Гуфт свети хонаи ман бақия дорад, вале илова кард, ки бақияро аҳамият надеҳ.

Ҳамсоя дар светавой кор мекард. Гуфт ман ягон бор пул-мул намедиҳам. Ман медонам, ки ката-катаҳо худашон истифода мебаранд, заводу фабрикаҳояшон кор карда истодааст, пули ин ҳамаро бояд дар гардани халқ бизананд.

Ин пули бақия аз куҷо меояд номаълум. Ин гапро светавой ҳам мегӯяд. Худаш ба даҳанаш мегӯяд, коргаронашон ҳам ҳамааш медонанд, халқ ҳам медонад, ин гапро. Лекин боз ба болои халқ ҳамин пулро мезананд.

Ба идораи светавой мардум барои даъво кардан меравад, лекин даъвоҳояшон  нол аст.

Як ҳамсояи мо меравад световой барои даъво. Мегӯяд, ки ин бақия чаро омадааст, чаро ин қадар шудааст? Ва мегӯяд, ки катакатаҳо истифода мебаранд, пул намедиҳанд, шумо пули онҳоро дар номи халқ мезанед.

Баъд дар светавой ба ин ҳамсояи мо гуфтанд, ки ту доказат дорӣ?

Хуллас, ин ҳамсояи мо ҳамин қадар гап гуфта будааст. Вайро барои танҳо ҳамин гап се- чор бор,аз ҷумла амният печонда бурд.

Айни замон дар Офтоблиқо пули халқро маҷбур карда гирифта истодаанд ва бақияҳоро холӣ карда истодаанд. Ҳозир мардумро барои бақия таҳдид доранд: «бақиярО бидеҳ вагарна светҳоятро мекушем».

Свети хонаи як хел одамҳоро кушта истодаанд.То бақияро насупоранд, як суткаӣ, ду суткаӣ светҳои одамҳоро мекушанд.

Бовар кунед, ки нав кори хуб ёфтанд, ки аз ҳамон  марказ мекушанд ва дигар хонаи   ту намеоянд, аз ҳамонҷо мекушанд. Счетчики ту  автоматӣ мепартояд.

Қурбонхони помошхурак

Дар деҳа мо ҳам аз тарафи ҳукумат камбизоатҳоро ёрдам мекунанд, соле чор маротиба ва гоҳе гову молу чорво гусфанд, бузу рамкаҳои асал дода мешавад. Ин ҳама чизу чораро ба хотири халқи камбағал меоранд ва ба дасти Қурбонхон ин кӯмакҳо барои камбағалҳоро месупоранд ва Қурбонхон ба халқ бояд тақсим кунад. Қурбонхон додари Эмом Рамазон, командири Фронти халқии  Тоҷикистон аст. Ин Қурбонхон ранги ҳамон боевикҳо кор мекунад, ягон касро аҳамият намедиҳад. Ҳар сол, то ҳозира, барои халқи камбағал гову молу гусфанду бузу рамкаи асал   медиҳанд. Аммо то ҳозира ба ягон одам ягон чи надодааст. Гуфтааст, ки ман намедиҳам, ман худам медонаму ин кору борҳо.

Ин нафар як вақт раиси маҳалла буд. Гуфтааст, ки ҳозир дигар барои ма раиси маҳаллагӣ даркор нест, манда ҳамин помош бошад басай, ай ҳамин раиси нагиранма басай. Ва боз гуфтааст, ки «ира ай дасти ма ҳиҷка гирифта наметона»

Як масъалаи дигари доғи рӯз барои кулобиҳо:

Он ҳам масъалаи ГАИ аст. Дар пеши бозори Кулоб ГАИҳо дар чандин точка меистанд. Инҳо ГАИ нестанд, инҳо участковийи бозоранд. Дар пеши ГАИ меистанд, ронандаҳоро ҳудаву беҳуда протокол мекунанд.

Дар пеши вокзали Кулоб меистанд -як точка. Як точкаи дигар дар пеши магазини Бадахшон- саршавии бозор. Як точкаи дигар дар чорроҳаи Равшан. Боз дар пеши Умед- 88 пеши бозор. Боз як точкаи дигар аз тарафи бозори Сомонӣ.

Аз Сомонӣ поёнтар якҷо литсензия аст дар пеши донишгоҳ. Як литсензияи дигар пеши мактаби президентӣ меистад. Як точкаи дигар дар саршавии деҳаи Санпар. Дар инҷо дар пушти дарахтҳо меистанд, радар доранд. Дар даруни Санпар. Яктои дигар аз Санпар фаромадан. Инҷо ҳам дар пушти дарахтҳо ҷогаҳ мешаванд. Онҷо як хона ҳаст, дар пушти вай ҷогаҳ мешаванд. Радар доранд. Инҷо бояд аз рӯи чил ҳай кунӣ. Агар чил бошӣ ҳам манъат  мекунад, 37 бошӣ ҳам манъат мекунад. Бардурӯғ мегӯяд, ки суръатат баланд буд. Як радари вайронаро нишон медиҳад. Мегӯяд радар пул мегӯяд. Пул диҳӣ хуб, надиҳӣ ва бо онҳо баҳс кунӣ, сахт гап занӣ, рӯирост мегӯяд, ки дод назан, вагарна «ҳозир корҳои хоинҳои давлат қатӣ қушат мекунма меравӣ, худам провожатат мекунам». Гапи хуби мо барои ГАИҳо пул аст. Вақте маҷбур мешавию баъд пул медиҳӣ чтоби протокол накунанд, он вақт аллакай документҳоят хуб бошад ҳам протокол мекунад. Мегӯяд «началник да бояд бигирад».

Ҳар кадоми ин ГАИ радар доранд, надоранд, дар куҷое, ки дар ҳамин шаҳр ҳастанд, вақте манъ мекунанд, бояд пул бигиранд. Дар ҷонат мезананд.

Пажари бозори Кулоб

Як бародар дар мавриди вазъияти бозори Кулоб, бахусус дар бораи бархӯрди пажарникҳо бо бозоракиҳо ҳикоя кард. Он бародар гуфт, ман фикр мекардам пажар барои тоқа алоб куштан аст. Аммо пажар дар ҷони халқи бозори Кулоб задагӣ аст. Пажарникҳо меоянд фир мегарданд, проблема создават карда:- у светут ухелай, иш ихелай бо ҳар баҳона пул меситонанд.

Вақте савдогарҳои бозор мегӯянд, ки ин кори мо нест, кори раис ва соҳиби бозор аст. Аммо раиси бозорро кор надоранд меоянд пеши халқ медароянд. Дар як моҳ як бор, ду бор дар ҳамин бозорро фир мегарданд. Ҳар кадомеаш таҳдид карда мегӯяд протокол мекунам ва  коғаз -поғазашро пур мекунанду мераванд. Баъд байни даҳ -понздаҳ рӯз меоянд, пул ҷамъ мекунанду мераванд. Ҳар кас сад, садупанҷо то дусад сомонӣ медиҳанд. Халқро  протоколи бисёр мекунанд.

Бечораи пожар ҳам даҳанашро боз мекунад, мегӯяд мо маҷбур шудем. Ба хотири онки дар ноҳияи Ховалинг як мактабро дар номи пажаркаи Кулоб задаанд. Мо аз куҷо меорему мактаб месозем. Мо маҷбур мешавем шуморо протокол кунем ва он мактаби ноҳияи Ховалингро мо бисозем.

Дар вақтҳои бекориашон пожарникҳо кӯчабакӯча, деҳабадеҳа фир мегарданд. Мабодое дар ягон хона ягон лампочкаи давраи союзӣ биёбанд тамом, капаи хонадор дуд кардагӣ аст. Медароянд маҷбур карда ягон пули калонашро мекананд.

Ҳамсояи барбари рафиқи ман Бобоҷон аст. Меоянд дар таги навесаш лампочкаи давраи Союз сухта истодааст, аз берун метобад. Пожарник меояд ин мумкин нест гуфта дӯғ мезанад. Хуллас, ҷаримаи калон мекунанд. Баъд коғази ҷаримаро медаронад, пулро меканаду мезанад дар киса.

Маоши пожарник 1500 то 2500 сомонӣ аст. Се- чор фарзанд дорад, лекин дар таги пояш мерседесу лексус. Опелро ҳай намекунанд. Мошинҳои последний модел доранд. Барои онки аз киссаи халқ рӯирост дуздӣ карда мехуранд.

Ман худам дидам пожарники кулобӣ кор мекунад, қадпастаки ғафсакак аст, пешониаш кал. Яктои дигараш ранги африқоиҳо сиёҳ. Дарунбадаруни деҳа фир мегардад. Папкаҳо таги каш.Дар бозори Кулоб ҳардуи ҳамин куратор. Дарунбадаруни бозор фир гашта пул ҷамъ мекунанд. Хулоса ҳамаи инҳо, аз ҷумла ГАИ аз халқ пули калон мегиранд.

Номи се ГАИро медонам: Давлати сияҳ, Сулаймони дандонтилои қадпастак ва Фарҳод аз деҳаи Зиракӣ. Ин Фарҳод пештар участкавои Зардиев буд, дар таги дасти Зардиев кор мекард, аз даруни замини пахтаи Зардиев гову молро ҷамъ карда бурда руст мекард. Зардиев пул мегирифт, баъд гови одамро пас медод. Ҳозир ГАИ кор карда истодааст.

Шояд сабаб шаведу ин ҳаромҳои ҳаромхӯрро Худованд ҳидоят кунад.

Номаи 2

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз деҳаи Офтоблиқои ҷамоати Зиракии шаҳри Кулоб бароятон ин номаро мефиристам. Дар ин нома чанд масъалаи мубрамро матраҳ мекунам.

Пул барои партовгоҳ

Дар деҳаи мо чанд сол аст пули зиёд барои тоза ва тамиз кардани мусор-партов ҷамъ мекунанд. Партовҳои деҳаро бояд дар ҷойҳое, ки аз қабл эълон кардаанд баранду резанд, аммо дар амал қишлоқи мо ҷойи мусорпатоӣ надорад. Ҳамаи сокинон бо ҷамоати деҳа  маслиҳат карданд, ки дар ҷойҳои махсус, дар гӯшаҳои деҳа ҷойи партов бисозанд.

Пули беҳад зиёд ҷамъ карданд. Аммо ягон маротиба ва ҳиҷ вақт эълон намекунанд, ки чи қадар пул ҷамъ  шудааст. Пул дар дасти Шариф раиси маҳалла, дурусттараш раиси пешин ҷамъоварӣ мешуд.

Ба ҷуз аз ин пул барои мусор, боз барои маҳкам намудани гирди манзилҳои деҳаи Офтоблиқоро аз аҳолӣ пул гирифтанд. Барои ин кор ҳам пулро ҷамъ карданд. Охирон маротиба, ки раиси маҳалла иваз шуд, чунки Шариф раиси маҳаллагиро бас кард пул дар дасти Хайриддин зад. Як миқдори ночиз, вале ин пул ҳам номаълум куҷо шуд.

Дар вақти раиси маҳалла будани Шариф аз тарафи ҳукумат барои сохтани латок пул ҷудо мешавад. Ин латок барои  он сохта мешуд, ки дар тори куҳ чорворо об диҳанд. Онҷо, ки оби чашма меояд, дар онҷо бояд латокро мерехтанд, ки одамон ҳар рӯз вақти нисфирӯзӣ чорвои худро қишлоқ нахамбонанду боло биистад, то ки аз он об хурад. Аммо пули аз тарафи ҳукумат ҷудошуда дар вақти раиси маҳалла будани Шариф гум шуд. Инкор мекунад, ки «пул-мул набуд, доказат дошта бошед, нишон диҳед, ман мегӯяматон, ки пул гум шуд».

Чуноне гуфтем баъди Шариф Хайриддин раиси маҳалла шуд. Вале Хайриддинро Шариф руководит мекунад. Ба хотири онки набояд раиси маҳаллагиро Ҷумъа немис бигирад.

Аммо, бояд ҳақро гӯем, ки дар ин қадар вақт Шариф дар деҳа ободӣ ҳам кард. Раҳу рӯ, латокро тоза мекард, аҳамият медод. Танҳо Шариф буд, ки ҳамчун раиси маҳалла ободӣ кард. Ҳам хубиашро гуфтан даркор ҳам ноӯҳдабароияшро. Мегӯянд, ку дар куҷое бишинӣ бояд дар ҷойи гарм бишинӣ. Мақсад Шариф ҳам фоидаашро аз раиси маҳалла буданш гирифтагӣ аст. Дар вақти раиси маҳалла буданаш аз тарафи ҳукумат ва соҳибкорҳо трактору экскаватор ва мотосиклҳои сечарха барои мардум оварданд. Асосан ҳамаи ҳамаи инҳоро аз тарафи ҳукумат меоранд.

Шариф тракторашро соҳиб мешавад ва мегӯяд барои деҳа истифода мебарам. АбдуҷабборЗардиев экскаваторро мегираду мотосиклҳоро Набиев Ҷамшед аз худ мекунад.

Шариф то ҳозира мегӯяд, ки солярка барои тракторро бирезед, ман барои кори деҳа бепул кор мекунам. Лекин барои дигар корҳо пул мегирам. Соляркаамро бирезед кор мекунам.

Ҳозир байни деҳҳо як навъ мусобиқа рафта истодааст. Дар байни ҳамаи деҳаҳо группаи Ватсап кушоданд. Халқи расиян –муҳоҷирҳои меҳнатӣ пул мепартоянд -дар ҳамаи деҳаҳо.

Халқи расияни деҳаи Офтоблиқо раҳу рӯро сангу шағал рехта обод карда истодааст, кору бори деҳаро карда истодааст, ёрдам карда истодааст. Роҳҳоро чуқуриву пастиҳояшро пур карда сангфаршу асфалтпуш карда истодаанд. Дигар деҳаҳо аз ҷумла деҳаи Ҷерқалъа ҳам асфалт рехт. Деҳаҳои Комсомол, Навобод ва НКВД ҳам ҳамин тавр карданд. Дар деҳаи Ҷерқалъа болнитсаи калон ва роддом ҳаст. Аҳолии НКВД через Ҷерқалъа бояд бираванд. Роҳро санг рехтанд.

Ҳозир халқ ҳамааш медонад, ки аз ин ҳукумат ягон фоида нест. Ба ҳамин хотир дар ҳама ҷои Тоҷикистон байни деҳаҳову шаҳрҳо мусобиқа рафта истодааст.

Аммо аҷоибот ва беномусии мақомдорони Раҳмоновро дар ин шаҳру деҳаҳо бубинед. Вақте ту корро сар мекунӣ, корро ту, яъне аҳолӣ бо пули фиристодаи расиянҳо пеш бурда истодааст, раиси шаҳр ба пешат омада як мебинад ва «маладесатон» мегӯяд ва мегӯяд «ба ободии сарзамин дастаҷамъона сар кардед- маладес маладес» ва бо ҳамин меравад. Тамом. На пул медиҳад, на трактори бепул меорад, ки ҳамроҳи аҳолӣ кор кунад. Ягон кору кӯмак аз дасташон намеояд, «маладес»мегӯяду меравад.

Баҳори порина сел омад. Канал аз лою гил пур, тоза накардагӣ буд. Сел каналро гузашта ба деҳа омада ҳама роҳро ҷазир карда буд. Расиянҳои Москва, бачаҳои муҳоҷир ҳама пул партофта буданд, раҳурӯро шебёнка рехта ружд хушрӯ карда будан. Аммо ин сел омаду ҳамаро лойлиқа карда партофт. Ин ҳукумат ҳатто меҳнати мардуми муҳоҷирро дастгирӣ намекунад. Медонад, ки ин ҳама ободиҳоро халқ худаш карда истодааст аммо меҳнаташонро дастгирӣ намекунад. Бояд каналро тоза кунанд то дигар зарар ба халқ нарасад.

Бузҳои деҳа

Дар деҳаи мо бузҳо хеле бисёр аст. Бузҳои амниятӣ.

Як нафар аст ки ҳама бобои мулло мегӯянд, бобои Махсум ҳам мегӯянд, шахси бузург аст. Ман фикр мекунам, ки аз ҳама муллои боқувват ва аз ҳама муллои беҳтарин дар Тоҷикистон ҳамин шасият аст. Бениҳоят инсони хуб.

Ин шахс дар хонааш кӯдакҳоро дарс медодааст. Аз соле, ки худамро мешиносам ин шахс беш аз 85 % деҳаи Офтоблиқоро дарси исломӣ додааст. Ҳурмату иззаташ боло ва бисёр аст. Вақте ин одам дарс медиҳад дар ҳамсоягиаш Неъмати Казаков бо ҳамроҳии Шоҳи писараш зиндагӣ мекунанд, ки ҳардуи инҳо бузи ҳукумат, бузи амният ҳастанд, бобои Махсумро мефурӯшанд.

Як саҳари барвақт аз ду тарафи роҳ ба сӯи хонаи бобои Махсум роҳро маҳкам карда бо 16 кудак  бобои Махсумро дар хонааш меқапанд. Бобои Махсумро хело азобу шиканҷа медиҳанд, хело штрафи калонаш мекунанд.

Ҳамаи деҳа медонад, ки ҳамин Неъмати Казаков бо писараш бобои Махсумро фурӯхт. Худи бобои Махсум ҳам медонад, ки ӯро ҳамин фурӯхт. Лекин тарафи мардум гашт гуфт, ки бачаҳо гумони бад накунед. Он одаме, ки маро фурӯхт аз ин деҳа нест.

Неъмати Казаков ва писараш дар ҳамкорӣ бо амният ва дар бузӣ ҳеҷ устухон надоранд. Раҳме ба ягон ҳамсоя ва ҳамдеҳаҳояш намекунад.

Ободӣ аз ҳисоби кӣ?

Вақте ҳамроҳи ҳукуматиҳо баҳс мекунӣ, мегӯянд, ки ободиро фақат дар роҳ мебинанд. Дар роҳҳои асфалтпӯш мебинанд ободиро. Аммо мо баракс меҳисобем. Ободӣ дар роҳ нест. Ободӣ дар ташкили заводу фабрика аст.

Ин халқи камбағал, писарҳои мо ҳоло дар Русия кору фаъолият мекунанд. Бояд онҳо биоянд дар ин фабрикаву заводҳо дар Тоҷикистон кор кунанд, на дар Русия. Ободии роҳҳо барои мошинҳои гаронарзиши худи мақомдорҳо аст,ки мошинҳояшон харобу вайрон нашавад ба мо чи фоида дорад?

Вале ман ягон ободиро дар территорияи худам намебинам. Чунки ҳамаи роҳҳо дар давраи пеш мумфарш шуда буданд ва ҳоло ҳамон тавр бо асфалти шӯравӣ истодаанд.

Як вақт бояд президент Муминобод мерафт. Роҳро аз деҳаи Сампал то миёнаи Мумиинобод (трассаи калонро) асфалтпӯш карданд. Лекини дар деҳҳо ягон роҳро обод кардагӣ нестанд. Як мошин санг ё шағал дар роҳҳои деҳаҳо намерезанд.

Аз раҳи фурудгоҳи Кулоб то раҳи деҳаҳои Лақаё, Чапаев, Комсомол, Навобод НКВД ва Тоқапар ягон майда обод нашудааст. Агар фикри мошинатро кунӣ инҷо тез ҳай намекунӣ, лекин агар фикри мошинатро накунӣ тез ҳай мекунӣ. Суръати мошинро аз чил боло карда намешавад. Беҳад роҳаш безеб аст. Аз он ҷумла аз роҳи Чапаев то Комсомол -деҳаи Абдуҷаббор Зардиев аз рӯи понздаҳ- бист ҳай мекунӣ.  Барои онки мошинҳои грузавой бисёр мегузаранд, мошинҳои грузавойи Зардиев роҳҳоро тамоман корношоям ва ҷазир кардаанд.

Мо дуъогуем, ки ин Зардиев худаш ҷазир шуда равад.

Ва, дар охир гуфтанием, ки бародар Муҳаммадиқбол мо аз шумо хеле миннат дорем.

Шумо сабаб шудед, ки Зардиев Абдуҷаббор як нима шуда истодааст. Зардиев.А ва зулмаш ҳаду канор надорад. Зардиев то ҳоло ва махсусан як сол, ду сол пеш намехост, ки як кас да кӯча як ароба санг резад, як чуқуриро пур кунад. Меомад рӯирост мамониат мекард: «ҷура бра и иҷа чко мекунӣ, монуш бестад», мегуфт.

Бо ҳамон овози ғафси монанди дудбарои трактораш мегуфт, ки «ягон кор накун монен беста».

Ҳоло, ки Зардиев каму беш як 25% якнима шудаааст халқ дастаҷамъона бо ёрдами раиси маҳалла раҳу рӯро бо сангу шебен пур ва беҳтар карда истодаанд.

Дар деҳаи Комсомол, деҳаи Зардиев ду водопровод буд: якто дар даҳани дарвоза якта дар ҷои таҳоратхонаи масҷид. Ҳозир ягонтои онҳо кор намекунад, об надорад. Раҳу рӯ ҳам безеб буд. Аммо бо дастгирии муҳоҷирон раиси маҳалла раҳурӯро соз кард.

Аллоҳ баракат бидиҳад, боз шумо сабаб мешавед, ки ин камбудиҳо низ як як бартарф мешавад.

Ман ҳоло дар ватан ҳастам, ҳамаро тамошо карда чи камбудӣ ва чи пешравӣ аст ҳамаашро ба шумо мерасонам.

Ончиро, ки қаблан навишта будему чопу нашр кардед дар бораи Кулоб ва дар бораи Зардиев аз Хушбахти писари бобои Мурод гумон бурдаанд. Набӣ Зардиев хост ва ҳаракат кард, ки ин шахс ба ҳабс гирифта шавад, тюрмааш кунанд.

Инҳо гумон карданд, ки он ҳама гапу коре, ки мо ба шумо навиштем Хушбахт нависондаст. Ҳоло бошад Хушбахт дар маҳбас аст. Дар Чапаев ҳам чанин касро маҳкам карданд. Дар деҳаи Офтоблиқо Носиров Сайфуллоро маҳкам карданд. Фикр карданд, ки ҳамаи ин кору борро ба Ислоҳ Носиров Сайфулло навиштааст.

Лекин Аллоҳ шоҳид, кадоме чизе навиштааст ва нависонидааст, коре надорам.Чунки ман худам аз ҳаминҷо ҳамаашро яктоякто навиштан мегирам. Фарзандони мо дар муҳоҷират дар азобанд. Ҳамаи камбудиҳо дар деҳаро худам навишта истодаам.

Дар куҷое чи минусие Зардиев дорад, дар территорияи шаҳри Кулоб ҳамаро менависам. Ҳар чизи дидаамро, ҳамаашро менависам.

Пасгуфтори Ислоҳ

Ин ду нома танҳо як гӯша аз ҳақиқати талхи зиндагии мардум аст. Зулм вақте идома меёбад, ки мардум хомӯш мемонанд. Аз ин рӯ, ҳар яки шуморо даъват мекунем: агар шумо ҳам шоҳиди беадолатӣ, фасод ва ҷабру зулм ҳастед- хомӯш набошед. Бинависед, бигӯед, ҳақиқатро ошкор кунед.

Садои шумо метавонад сарнавиштҳоро тағйир диҳад. Бо ҳам метавонем девори тарсро бишканем ва роҳи адолатро боз кунем.

Сообщение Кулоб: заминфурӯшӣ, ғорати мардум ва рӯзҳои сиёҳи ҷ. Зиракӣ зери ҳукми Зардиевҳо появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №128
Бархе аз «бачаҳакои боло» бар замми онки ба маҳзи маҳалли таваллудашон имтиёз ва рутбаи болотар доранд, боз худро хешу табори афроди баландмартаба гирифта ва бо ин тариқа мардуми оддиро бештар тарс медиҳанд. Масалан як корманди амният дар ноҳияи Ванҷ, ки аз номи генерале аҳолиро дар ҳолати тарсу ҳарос қарор дода бо ҳар баҳона аз онҳо пул меситонад. Ин амниятӣ кӣ асту чикорааст, дар матлаби аввали ин шумораи «Номаҳо аз ноҳияҳо» мутолиа хоҳед кард:

Ванҷ

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ташаккур, ки номаҳои маро чоп кардед. Аз Язғуломи Ванҷ менависам. Боз дар бораи ин беимони Исматуллозода Лутфулло, сардори шуъбачаи амнияти Язғулом. Оне, ки ба гуфтаи худаш хонаи домулло  Қаландари Садриддинзодаро дар Қурғонтеппа давлатӣ кардааст. Мо хеле маълумотҳо дар бораи ин лақайбача ҷамъ овардем. Ин маълумотҳоро аз як ошнояш ва аз як бародари донишҷӯ аз ҷамоати Чашмасори Ноҳияи Файзобод, ки дар ҳамсоягии деҳаи Сари Сафедхок зиндагӣ мекардааст ва ин оилаи лақайро хуб мешинохтааст, ба даст овардем. Ин Лутфуллои беимон, ки худро ҷияни генерал Амирбек Бекназаров гирифта фахр мекунад ва ҳамаро таҳдид ҳам мекунад, дар асл ҷияни генерал неву танҳо тағойи ин лақайбача яъне додари ВКД Саидбеки Бум апаи Амирбек Бекназаровро гирифта будааст ва  аз ҳамин хотир модари шаттоҳи Лутфулло ҳар вақте ки Амирбек Бекназаров ба деҳа меомадааст, бо ҳамроҳии марди сода ва аҳли оилааш пеши пойи ӯро ҷорӯб карда чойи сиёҳу кабуд ва қаҳва меовардааст. Худи Лутфулло вақте ки дар Душанбе донишҷӯ будааст,ҳамавақт меҳмон ва чойдамкунаки хонаи генерал будааст. Вақте генерал мехостааст, ки пойафзолашро пӯшад ин Лутфулло ангуштони худро лошка карда (чоплус) дар пойафзоли генерал мемондааст,то пойпушашро пушад. Боз ба рафиқонаш нақл кардааст, ки “як духтари генерала тов медодам, худам нахостам ӯро гирам ило генерал худаш доғ буд”.

Дар Ютуб баҳси Лутфулло Исматуллозода бо Ҳусейн Ашуров будааст, ки 3-4 сол пеш ин беимон бо номи Идрис даромада ва худро соҳибкор муаррифӣ ва шукронаи биҳишти рӯйи замин ва чоплусиву лесакӣ карда истодааст. Агар дар Ютуб ҷустуҷӯ кунед меёбед. Чуноне дар давраи СССР падари Лутфулло марди содаи лақай аз ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамчун келин шуда ба ноҳияи Файзобод омадааст, писари ӯ Лутфулло низ келин шуда ба хонаи хусураш рафтааст. Боз як писари тағойи дигари Лутфулло Исматуллозода бо номи Хоксорзода Алишери Раҷаби Куса низ соли таваллудаш 1992 дар КДАМ дар гурӯҳи “АЛФА “ кор мекардааст. Мо мардуми мусалмони ноҳияи Ванҷ аз кришаи Лутфулло Исматуллозода, Амирбек Бекназаров хоҳиш дорем, ки ин кадри худ беимони душмани Худову Расулро аз Язғуломи Ванҷ дафъ кунад.   Дар ӯ тамоман имон, раҳм, шафқат нест. Ӯ на хотири занро мебинаду на мӯйсафеду на моҳи шарифи рамазонро, гӯё, ки ӯро хар зоида бошад. Агар ин кор давом додан гирад мо худ ба ноҳияи Файзобод рафта бисёр маълумотҳо оид ба тайёрии пешвоз гирифтан аз Президент (беваи ВКД ҳатман бояд президентро низ бо чойи сиёҳу кабуд ва қаҳва пешвоз мегирифтаасту дар пешаш мерақсидааст) ҷамъ мекунем алалхусус дар бораи ин беимон.
Бародар ҳозир ӯро акс гирифтан камтар хатарнок аст. Шумо ҳамин навиштаро нашр кунед. Аллакай дар пустини ӯ кайк даромадааст. Дар оянда ин шо Аллоҳ аксҳои худашро бо мошинҳояш мефиристам ва аз Сари Сафедхоки ноҳияи Файзобод ҳам ваъда кардаанд, ки аксҳо ва маълулотҳоро роҷеъ ба ин оилаи   касифи душмани дину миллат мефиристанд.
Ногуфта намонад, ки худи ин шахс ҳангоми дар мактаби миёна таҳсил намудан аҳли масҷид, рузаву намоз будааст, то вақти ба тими зиддидинии СС. Ятимов ба кор даромаданаш. Ва якбор дар солҳои 2016-2017 ба муддати чанд моҳе ба муҳоҷирати меҳнатиям рафта будааст ва бародари ин шахс Исматуллозода Фарҳод Бозоралиевич 15-08-1987 (бо тахаллуси “вой сарм”) бе ягон маълумоти олӣ бо ёрии кришаҳояшон аз муҳоҷирати меҳнатӣ омада дар ВКД-и аввал шаҳри Норак баъдан дар ноҳияи Файзобод ба кор даромадааст, тамоман савод ва ақлу тамиз надоштааст. Боз бисёр ҳам бедини золим будааст. Дар умум аз ин оилаи Исматуллоев Бозоралӣ (марди сода) ва Азизмои газетхонак (ВКД) ду золими бедин баромадааст, ки яке дар ВКД ва дигаре дар КДАМ кор мекунанд.

Исфара

Салому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман як мухлиси шумо аз Исфара, деҳаи Зумрадшоҳ. Мо ин номаро ҳамакаса навистем барои Ислоҳ, то инки номардҳо донанд худашонро бишиносанд. Ва ин қадар одамфурушӣ, бузӣ накунанд. Номи ин бузҳо чунин аст:-Олимов Қозӣ, Мамадхуҷаев Баҳодур, Мамадхуҷаев Азиз (инҳо ҳарду ако-укоҳоанд), ки бузи қишлоқанд. Мардум чи коре, ки кунад инхо мефурушанд, масалан фалонӣ ифтор кард, зуд мефурушанд. Шабуруз одамҳоро назорат мекунанд. Боз инҳо шатак доранд, Мирзоев Ислом. Мирзохучаева Мубаширахон дар хонаи худаш ҳозир бадгаштӣ мекунад. Хелбахел милисаҳо омада корашонро карда мераванд. Боз инҳо моҳи бе айб. Мо чи хел зиндагӣ кунем дар ин қишлоқ дигар намедонем.   Соли гузашта тамоми роҳҳои қишлоқро асфалтпуш кардем. Халқ пул чамъ кард. Аммо ин бузҳо як сум додагиашон нест. Боз ба номи ҳаминҳо дар газетаҳо чоп шуда баромад,ки благодаря ана ҳамин одамҳо роҳҳо асфалтпуш шуд. Ин Мубаширахон раиси ҷамоат буд, пора гирифта тюрма шуд. Аммо тавба накард ва боз ба ҳамин кор даст зад. Ҳозир духтараш ҳам фоҳиша шудагӣ. Илтимоси халқи Зумрадшоҳ ин аст ки ин номаро дар барномаатон ҷой диҳед.

Ин Олимов Қозӣ ва Баҳодури хамсинфаш занҳои деҳаро ё бо зурӣ ё бо ягон баҳона ба номусашон таҷовуз мекунанд. Инҳо халқи Зумрадшоҳро сахт тарсонидагианд. Борҳо ба милисаҳо фурухтанд. Ҳардуяш ҳам одами пулдор.

Кулоб

Салом домулло Муҳаммадиқбол! Иди моҳи шарифи Рамазон муборак бошад.

Инро мехоҳанд ё не, эътироф мекунанд ё не, барномаҳои шумо  ва махсусан барномаи “Номаҳо аз ноҳияҳо”ба Тоҷикистон ва мардуми он хеле беҳбудиҳо оварда истодааст. Даҳони ба рузаем ва ҳар бегоҳ дар ҳақи шумо ва устод Кабирӣ дуо мекунем. Иншоаллоҳ, аз баракати барномаҳои шумо буд, ки ин ду золим, ки болои мардум зулм мекарданд, Абдуҷаббор Зардиев ва раиси ҷамоат ба кайфари аъмолашон расида истодаанд. Заминҳояшонро аз дасташон зада гирифтанд. Ва писари золим ва набераашро маҳкам карданд. Дигариаш, ки ҳоҷӣ Нураш мегуфтанду бародари Шери бинӣ буд, низ ҳама заминҳояшро аз дасташ кашида гирифтанд. Худаш Русия фирор кард. Ин кор, албатта, ки хуб шуд. Чунки акнун дар ин заминҳо мардум пахта мекоранд, ҷойҳои корӣ ба мардум мешавад. Ин беҳбуд дар натиҷаи навиштаҳои “Ислоҳ” ба вуҷуд омад.

Боқӣ дар ҳифзи Аллоҳ бошед.

Хатлон
Салому алайкум бародари имонӣ Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин номаи маро метавонед “Эътирофи талхи як тан аз котиби Комиссияи интихоботӣ” ном гузоред.
Виҷдонам ҳамеша азобам медод. Азоби виҷдон бисёр сахт аст. Барои он азоби виҷдон мекашам, ки дар муддати 20 соле, ки ман котиби Комиссияи интихоботӣ дар яке аз участкаҳои интихоботӣ будам, ҳамеша факту рақамҳоро  бардурӯғ менавиштам. Аниқтараш маҷбуран протоколҳои интихоботиро мувофиқи супориши боло пур мекардем. Дар фикри онам, ки чӣ ҷавоб хоҳам гуфт.
Ростӣ ҳангоми тамошо ва мутолиаи матлабҳои “Ислоҳ” дар дилам алов мерехт ва бо худ мегуфтам, Муҳаммадиқболи Садриддин аз сад яке аз ин сохтакориҳои интихоботҳои ҳукумати Эмомалӣ Шариповичро мегӯяд.
Сабаби ин эътирофи гуноҳи кардаам ду воқеаи ҳаётӣ буд. Якумаш ин буд, ки вақти аз шаҳри  Кӯлоб ба сӯи Кӯрғонтеппа омаданам, дар таксии як нафар нафақахӯри собиқ ҷанговари “Фронти халқӣ” савор шудам. Ин марди собиқ фронтавик аз рӯзи ногузаро таксӣ меронд. Дар аснои роҳ аз ҳаёти ҳозирааш ва аз сахтиҳои рӯзгор бисёр нолон шуд. Аз корномаҳои худ ҳангоми дар “Фронти халқӣ” дар дастаи Бобои Сангак хизмат карданаш ҳикоятҳо кард. Ва бо таассуф ба болои зонуҳояш мезаду бо такрор мегуфт: «Ватанро гирифтему ба як нокас додем. Ватанро бо дасти худ гирифтему ва ба дасти худ ба як нокас додем. Ин одами гушна Ватана ҷазир кард.»  Ин ҷумларо ба такрор мегуфту сар меҷунбонд ва таассуфкунон ба ронҳои пой худ мезад. Мо бошем, бо ин ҷумла тасаллои дилаш додем. Хайр, дар он замонҳо Бобои Сангак намедонист, ки ин одам чӣ гуна аст?!
Дигар воқеа ин буд, ки бародари калониям дар яке аз муассисаҳои хусусии ин оила кор мекунад. Тақрибан 30 сол собиқаи хизматии давлатӣ дорад. Бародарам чунин шикоят намуд, ки қариб 30-сол аст, ки ман дар ин давлат кор кардаам. Барои барқарор кардани ҳукумати қонунӣ бо кимкиҳое сар ба сар гардидам, ҷангидаам, даст ба гиребон шудаам. Аз ин ҷо то ба Афғонистон дар музокираҳои сулҳи тоҷикон иштирок кардам. Ҳатто бо Аҳмад Масъуд  ҳамсӯҳбат гардидам. Чи корҳое набуд, ки мо кардем. Чандин сол дар ҳукумати шаҳр (шаҳраш махфӣ монад) кор кардам. Натиҷаи ин ҳама заҳматҳо ва меҳнатҳоям чӣ шуд? 2000 ду ҳазор сомонӣ маош. Як кӯдаки 25 солаи ин оила соҳиби муассисаи хусусию мо бошем, бо 2 ҳазор сомонӣ коргари ӯ. » Рафту ягон ҳодиса шавад, ба Худо ма дига аҳ ай пушти ин оила намехезм, ягонтаи инора ҳимоят намекнм.  Ҳозир агар Толибон  ҳуҷум мекунан ё ягон каси дигар меояд, оҳистаҳак худма яктарафа мегирм, ма кортон надорм мегум.  Бзанан нобуттон кунан, як бор фиреб хурдем басай. Касе чи коршон мекна кадан бгира. Ҳами ҳолай даҳ панҷашона да даҳаншон пеш кардиян, тамоми Тоҷикистон моли шахсӣ кадан, бо ягон каса гапзанӣ намемонанд. » ..
Ана ҳамин ду воқеаи ҳаётӣ, маро водор кард, ки сирру асрори ин ҳукумати диктатуриро баён кунам. Меравем сари мақсад. Нуқтаи асосӣ ҳамин аст, ки ҳамаи интихоботҳои гузаронидаи Эмомалӣ Раҳмон дурӯғ буданд, ҳамааш сохтаву бофта, шаффофият дар ягон интихобот набуд ва ҳама ҳуҷҷатҳоро мо ғайриқонунӣ пур мекардем.
Сараввал мехоҳам оиди рафти интихоботҳо як чанд сухан гӯям. Интихоботҳои давраи ҳокимияти Эмомалӣ Шарипович ба монанди як тӯйи хатнасур бо оҳангу савту суруду сарояндаҳои идораи фарҳанг ва бо додани оши палав мегузоштанд. Тамоман эҳсос намегардад, ки ин ҷо маъракаи сиёсист. Хароҷоти ин маъракаҳои интихоботиро асосан тоҷирони калон, шахсони бонуфузи минтақа ба монанди Нусрати Бетурсик, Раҷаби Қош, соҳибони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва хоҷагидорон мегузаронданд. На танҳо масрафи молию пулӣ мекарданд, балки назорати иҷрои маъракаи интихоботиро дар пушти парда таҳти раисии худ мегирифтанд, то ин ки дар интихоботҳои ба истилоҳ шаффофу демократӣ Эмомалӣ Раҳмон ва ҳизбаш ғолиб барояд.
Акнун мегузарем ба ҷараёни интихобот.  Аз субҳи барвақт овоздиҳандаҳо бо орзуҳои зиёд меоянду раъйи худро ба намояндагони ҳизбҳою президентшавандаи писандидаи худ медодану оши палавро  зада, шикамҳоро сер карда мерафтанд. Шояд бисёриаш барои ҳамин палав ба овоздиҳӣ биёянд. Ба Худо дар ягон интихоботҳои гузашта овози ягон нафар ба инобат гирифта нашудааст. Хулоса, зери назорати сахти кормандони  амният, милитсия ва шахсони паси парда интихоботҳо дар вақти эълон шуда мегузаштанд. Кори асосӣ пас аз соати 22 00 сар мешуд. Ҳамин, ки соат 10 -и шаб шуд, муҳлати овоздиҳӣ ба анҷом мерасаду қуттиҳои овоздиҳиро кушода як  чанд варақаҳои интихоботиро ради интерес мехондем. Раиси интихоботӣ ва корманди амният, ки пешакӣ супоришро аз боло гирифта буданд, ба мо мегуфтанд: “Бас аст, давай ҷамъ кунед, фоизро мебарорем”. Варақаҳои интихоботиро ҷамъ карда, бе он ки бубинем дар он бюлетенҳо кӣ ба кӣ овоз додааст, онҳоро носанҷида бастабандӣ менамудем. Бастаи аз ҳама ғафсаш аз ҳизби ҳоким қоғазпек мешуд ва фоизи баландро ба ин ҳизб,  яъне ҲХДТ ва Эмомалӣ Шарипович нисбат медодем, чунки мо аз боло супориш мегирифтем. Аз рӯи назорати сатҳие, ки доштем рақобати асосиро бо ҳизби ҳоким дар интихоботҳо ҲНИТ мекард ва аксари овозҳоро ҳам ҲНИТ мегирифт. Аммо мо аз руи фоизи аз қабл омодашуда эълон мекардем.

Норак

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародар Мухамадиқболи Садриддин ва ба мухлисони “Ислох”, номамро намегуям. Аммо ман як нафари нафақахурам. Аз Норак
Имон ба Худо, Садоқат ба ватан, Хидмат ба мардум. Додари ҷон Муҳаммадиқболи Садриддин, офарин ба ту, аҳсан ба ту. Ҳама гапҳоят рост ва ҳақро ҳамеша мегуӣ. Худо аз падари ту розӣ бошад бо ин фарзанди муборизаш. Худо ҷаннатулфирдавсро насиби падари ту гардонад. Омин
Муроҷиат ба Рустами Эмомалӣ. Гуш кун Рустам. 32 сол боз падарат дар қудрат аст. 32 сол боз миллати тоҷик хокбарсар аст, дарбадар аст, гурусна аст, хорузалил аст, бечора аст, нонгадову талбанда аст, аз ватан беватанаст. Аз рузе, ки Эмомалии падарат сари қудрат омад миллати шарифи тоҷик мубаддал ба чурка ва ба Ҷамшуду Равшан шуд ва ҳоло боз тамғаи террористро гирифт. Гуш кун Рустам. Ҳоли миллати тоҷикро бубин, ки падарат ба чи руз оварда расонд. Аз соли 1992 аз ҳамон рузе, ки 16 иҷлосия дар моҳи ноябр баргузор шуду дар телевизор нишон доданду Фронти халқии Кулоб ва дигаре Ҳукумати муросои миллӣ сулҳ карданд ҳама мардум бовар карданд онрузро. Аммо чи шуд, сулҳ, неву  қатли ом сар шуд. Бо фармони сарфармондеҳи Фронти Халкии Кулоб Владимир Илич Сангак тоҷиккушӣ сар шуд. Эмомали падарат амр карда буд. Террорро сар кард геноцит сар шуд. Ҳама миллат шоҳиди ин ҳодиса аст. Падарат Тоҷикистонро ба мазористон табдил дод. Мардҳо кушта ва занҳо бева шуданд, садҳо ҳазор кудак  ятим монданд. Хонаҳову заводҳо дуздида шуданд, фабрикаҳо дуздида шуданд. Дар камазҳо бор карда ба тарафи Кулоб мерафт. Ҳама одамони пулдорро налог баста пулҳояшонро, дороияшонро мегирифтанд. Бисёриашонро ҳам пулҳояшонро мегирифтанд ҳам боз мепаронданд.

Эмомалии падарат худаш ҳамин корҳоро мекард.Падарат дар Норак аз даруни домҳои сексия бо гурӯҳи чанднафара аз як квартира ҳама ашёҳои онро дар камазе бор мекард. Телевизори ранга, яхдони Помир, тумбучкаи дар болояш телевизормемондагӣ, чуби сандуқ, ҳама курпачаҳои майдаву калон, гилем дорожкаи добро пожаловат, ки дар он туфлиҳоятро тоза мекунӣ, чойнику пиёла қошуқу табак, печка, пардаи тиреза, сачоқ. Хулоса ҳамаи ин гуфтагиҳоямро дар камаз бор карда ба яғмо мебурданд. Ин ҳодисаро ҳама ҳамсояҳо аз глазок- чашмакбини дар медиданду шоҳид буданд.

Ман хоҳиш мекунам аз мардуми шаҳри Норак касонеро, ки ин ҳодисаро хубтар диданду медонанд, гуянду нависанд ба Ислоҳ,т о куҷо гапҳоям дуруғанд ё рост. Илтимос ба Ислоҳ нависед. Ман суроғаи ин дом ва квартираро намегуям. Ман мехоҳам, ки шумо норакиҳо аниқ ва тасдиқ ва мардумро ва Рустамро мутмаин кунед.

Гуш кун Рустам! Аз рузе, ки падарат ба қудрат омад, ҳама мардҳои миллати тоҷик мардикору муҳоҷир шуданд. Аз дасти падари ту шоирону нависандагон аз зикр монданд, ҳама олимони руҳонӣ куштаву зиндонӣ шуданд. Чи хеле ки боевикҳои Фронти халқии Кулоб мегуфтанд дар ҳечаи ҷайра баҷо шудан. Бале, аз дасти падари ту ҳама олимони руҳонӣ дар ҳечаи ҷайра баҷо шуданд. Гуш кун Рустам! Ман мегуям, падаратро, ки кист? Як ҳаромзодаи валадиззоно, як дузди крисаи кусошник, як зинокори пасти беавлод, як гушначашми пурхури қутанӣ, як бесаводи тупои гови далбаёб, як бетарбияи бефаросат. Ин гапҳо нафақат гапҳои ман, ин гапҳоро ҳама милат мегуянд. Чунки миллати тоҷик дар лабораторияи инсонигарӣ ташхис карданд,тасдик карданд, дақиқ карданд,ки падарат Эмомалӣ чунин аст. Бачаи Майрами гурсухта.

Гуш кун Рустам! Ту одами аҳли китоб нестӣ.Ту худат медонӣ барои туро президент кардан падарат чи қадар одам кушта истодааст. Ҳама одамони босаводро,олимонро, то ки ту харча ракиб надошта бошӣ. Ту ба шеъри устод Лоик Шералӣ таваҷҷуҳ кун:

Тоҷик андар ватани хеш чаро муттаҳам аст?

Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам.

Устод Лоиқ ин шеърро барои падари бепадари ту хонда буд, токи шояд калаи   кадугинаш ба кор дарояд. Аммо афсус.
Як мақоле ҳаст дар Норак, ки онро фақат мардуми куҳпораи Норак қишлоқҳои Лангар, Тутқавул, дукони Энергетик мегуянд бо лаҳҷаи худашон.

Як нукта бас аст агар шуур аст,

Варна чу чароғ пеши кур аст.

Мисраъи дуюмашро каме дигар мегуянд. “Ё чи тра бугуй,ё чи дар сари хар тавлак бизанӣ”. Дурусташ ин аст.

Як нукта бас аст агар шуур аст,

Ё чи тура бигуй, чи дар сари хар тавлак бизанӣ.

Гуш кун Рустам! Чи Эмомалиро фаҳмонӣ,чи дар сари хар тавлак бизанӣ. Маъзарат мехоҳам аз мардуми тоҷик. Ман ин шеърро таҳрир накардам. Ман бо лаҳҷаамм Эмомалии калакадуро ҳамин хел мегуям: Ё чи тура бигуй, чи дар сари хар тавлак бизанӣ.

Миллати тоҷик тамоми умедашро аз давлат кандааст. 32 сол боз миллат бо худаш аст ва чи рузи сиёҳ мегузаронад. Худо накарда ту Рустам президент шавӣ тамом! Дигар ин милати бечора 64 соли дигар хокбасару дарбадару беномунишон мешавад. Ва миллати тоҷик аз байн меравад.

Биёед, эй милати азизам!

Ҳамаамон дастиҷамъона, ҷамъоҷамъ якуякбора даст ба суи аллоҳ бардорем, то ки аллоҳ дуъоямонро қабул гардонад.

Ё аллоҳ Рустамро ҷавонимарг кун!

Ё аллоҳ Рустамро ба орзуяш нарасон! Ё аллоҳ Рустамро ҳалок гардон!

Ё аллоҳ Рустамро передозировка куну  бикуш!

Ё аллоҳ нақшаҳои шуме, ки Рустам дорад барбод бидеҳ. Омин! Омин! Омин!

Аз аллоҳ умед дорем, рузе не рузе ба ҳадаф мерасем.

Рустам гуш кун! Бо кадом ақлат ту президент мешавӣ? Хандаам мегирад. Ту наркомани кончиниӣ.

Ҳама миллат аз ту норозӣ аст. Мардум аз руи хукро дидан хушашон меояд аммо руйи туро дидан нафраташон меояд. Аммо ба ҳар сурат як кори туро мешавад хуб баҳо дод. Писари амакатро аз кор рондӣ ва дигар вазифае надодӣ. Ин кори ту хуб аст. Чунки писарамакат беҳад одами пасти бефаросати дузд буд.

Авлоду хешу таборони ту ҳамагӣ  пасти бефаросатанд. Як ҷавонмардии дигар ҳам кун. Ҳама хешу таборҳоятро аз вазифаҳо бирон. Шояд баъд дар назди чашми мардум қадр пайдо мекунӣ.

Рустам ман ба ту мисол меорам. Дар руйи Бег Сабур бингар ва баҳо бидеҳ, афташро бубин. Ба кадом ҳолаш вазир аст?

Фаҳми як ҳайвонро надорад, лек вазир аст, чунки ин қудои падари бепадари ту аст.

Рустам гуш кун! Як хизмат кун. Боғи мактаби маҳалаи Энергетикро баргардон ва боз ба мактаб бидеҳ. Ҳамон боғе, ки Зайнидиновҳо алик -малик карда фурухта буданд, ки он боғро ду тақсим карданд. Дар як қисмаш Вайсиддин қасре сохтааст, ду ошёна, бо хонаҳои калон- калон ва дигар қисмашро ба Садридин фурухтанд. Руз ба рӯз талабагон зиёд шуда истодаанд, синфхонаҳо намерасанд. Рустам ҳади ақал ҳамин корро бикун. Қасри Вайсиддин сохтаро барои талабагони майда синфхона карда бидеҳ ва боқимондаашро ба мактаб боз замини боғ карда бидеҳ. Ин кор дар пеши ту хеҷ мушкиле нест, касе монеа шуда наметавонад.Д ар пеши ту ду карат ду аст. Агар ту ин корро кунӣ, ман ба ту дигар кордор намешавам.

Дар маҳаллаи Энергетик кучаи Давлат Сагалдак, Садриддин бо додаронаш мехостанд ва ҳаракат карданд майдончаи подахораваки Давлат Сагалдакро бо пурагӣ ҳамаашро бигиранд, то замини назди ҳавлигӣ кунанд. Дар он вақт ҷавоне бо номи Мирзои Дароз ин гапро шуниду девона шуд. Мирзо зуд аз қафои ин замин шуд. Хост ин заминро майдончаи варзишии футбол кунад ва инкорро кард. Мирзоро падараш булдозерист буд. Падарашро зораву илтимос карду бо булдозер ба майдон даромаданд ва ҳамвор карданд. Тепаҳоро чапа карданд, тарошиданду майдонро васеъ карданд. Дигар ҷавонони Давлат Сагалдак бо Мирзо ҳамроҳ шуданд ва аз ҳукумат хоҳиш ва ариза карданд, то ин подахобравакро расман майдони варзишии давлатӣ кунанд, то ки Садридин бо додаронаш нагиранд.
Аҳсан ба ин ҷавон Мирзои Дароз. Ин ҷавон хизмати арзанда кард. Бояд номи ин майдончаи варзиширо ба номи ин ҷавон гузоранд.

Рустам гуш кун! Ту ба чени ҳамин Мирзои Дароз шуда наметавонӣ. Агар ду Рустами худат барин майдаҳак майдаҳакро сарбасар кунӣ баъд ба чени як Мирзо мешавӣ.

Рустам як хизмати рустамона ба маҳалаи Энергетик бикун. Боғи мактаби маҳаллаи Энергетикро баргардон. Ба хотири Аллоҳ ин корро бикун. Бикунӣ бикун вале агар нахоҳӣ ихтиёрат. Мо туро чизе карда наметавонем.

То кай мо энергетикиҳо сабзии туро бифучем ба монанди Шоҳрух. Ва дар охир гуфтаниям ба Садридин Саидов, ки заминҳои алафҷои мардуми Хуҷавдолонро, ки бисту панч гектар ба зурӣ гирифта хоҷагии деҳқонӣ кардӣ, фермаи гов ташкил кардӣ, охир ин мардуми Хуҷавдолон куҷо раванд? Инҳо ҳама камбағали бечораанд. Инҷо каме ҳам бошад сабаби зиндагияшон буд, рузашонро базур -базур мегузаронанд. Садриддин огоҳ бош алафҷоҳои хуҷавдолониҳоро баргардон, токи имсол мардум алафҳояшонро дараванд. Бар намегардонӣ ҷиноятҳои додаронатро менависам. Ман мебинам, ки хуҷавдолониҳои камбағали бечора имсол алаф медараванд ё не? Ман қаламамро дар балгарка тез карда, туро поида мешинам. Манро як хунам файзободист. Санговро чапа кардем! Ту киӣ? Як генчулик, як Садриддини аз камбағалҳо заминдузд.

Колхозобод

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқбол! Мо аз пушти шумо мефахрем,   наворҳои шуморо тамошо мекунем. Номи ман Фотима, сокини ноҳияи Ҷалолиддини балхӣ шаҳраки Гулистон ҳастам. Дар шаҳраки Гулистон як қумандони ҷавон ҳаст, ки номаш Давлатбеков Дилшод Қурбонназарович, ҷияни Исмат Абдуллозода (Исмати дулик) директори фурудгоҳи Душанбе.

Кришаи ин шахс Рустами Эмомалӣ аст. Инҳо як гурӯҳи қочоқбари маводи мухаддирро мусодира мекунанд. Одамони бегуноҳу камбағалро аз фурудгоҳ қапида шатнаж када бо пули калон мехаранд, ки ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ нараванд. Худи Дилшод як руз  дар фурудгоҳи Душанбе писари маро аз рейси Сомонэйр гардонд. Гуфт писарат ба хизмати ҳарбӣ меравад, нахоҳӣ 25 ҳазор сомонӣ медиҳи ва писаратро мегирӣ. Ман дар ҳол ба ӯ маблағипурсидаашро дода  писарамро гирифтам. Рафта ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардам, аммо моро пеш карданд, роҳ надоданд, бо мо дағалона муносибат карданд коргарони ҳукумати шаҳр…

Дар шаҳраки Гулистон бо мошинҳои гаронқимат мегардад. Арзиши мошинҳояш аз 30 ҳазор доллар боло аст. Духтарони ноболиғро нодухтар кард, ба суд доданд, судро харид. Аммо ин ҳукумат тамоман бесоҳиб аст. Мо мардум дар хонаҳои худ чароғ надорем. Хонаи Дилшод 24 соат чароғ дорад. Бачаҳои тоҷик дар ғарибӣ аммо Дилшод занҳои онҳоро, ки дар муҳоҷират ҳастанд зино мекунад. Рӯзи дароз кораш кайфу сафо ва маишат кардан аст. Чаро ҳукумати Тоҷикистон намегуяд бо ин маоши давлатӣ ин мошинҳо ва ин хонаҳои се ошёна аз куҷо пайдо шуд? Шаш автомобили қиматбаҳо дорад.

Масҷиди ҷомеъе, ки дар шаҳраки Гулистон амал мекард, маҳкам карданд.

Истаравшан

Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқбол!

Ман аз шаҳри бостонии Уротеппа-Истаравшан, аз деҳаи Ниҷонӣ мешавам.Чанд сол шуд, ки дар муҳоҷирати корӣ қарор дорам. Дар қишлоқи мо панҷ масҷиди панҷвақта амал мекард. Се масҷидро дигар чиз карданд. Яктоашро тамоман вайрон карданд. Дар барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо№58 ва 84» дар ин бора гуфта буданд.

Дар шаҳри Истаравшан ҷойи тълим гирифтани Қуръон нест. Аҳолии Истаравшан аз 300 ҳазор зиёд аст. Ниҷони мо калон аст. Магар бачаҳои мо бояд атеист калон шаванд? Мо худамон дар мусофирӣ ва муҳоҷират қарор дорем. Дар мактаб духтарҳоро, агар дар сараш сатру румол банданд падару модарашро ҷиғ мезананду маҷбур мекунанд, ки дигар набанданд. Ин гуна рафтор бо ислом дуруст намегирад. Аммо хушомадгуҳову тамаллуқкорон баромада мегуянд, ки дар мо касе ба пушидани сатру ҳиҷоб кор надорад.

Синат аз 18 хурд бошаду ба масҷид дароӣ меқапанд ва падаратро ё зиндон мекунанд ё ҷаримаи калон.

Пайғамбари гиромии мо ҳазрати Муҳаммади мустафо саллаллоҳу алайҳи вассалам фармудаанд, ки писарбачаро аз 7солагӣ ёд диҳед. Халқи Истаравшан  чашмонатонро кушоед. Мо пагоҳ ё фардо мемурем. Аз пушти мо хамин фарзандҳоямон дуо мекунанд. Инҳо, ки ҳеҷ чизро надонанд, нахонда бошанд,чи дуо мекунанд. 6 моҳ пеш рафтам масҷид. Даромадам тарсидам. Ҳамаҷо камера задагӣ. Баландгуяк нест. Аммо дар Маскаву Санкт-Петербург дар масҷидҳо бо микрофон мехонанд. Русия давлати христианӣ аст. Аммо давлати мо мусалмонӣ мебошад. Чунки болои мо як лаънаткардаи Аллоҳ нишастагӣ, ки худро мусалмон мегирад ва боз ҳоҷӣ ҳам ҳаст.

Ин ҳаромхури Раҳмоновро ман ҳатто бо Фиръавн қиёс намекунам. Рафтору кирдори Раҳмонов бадтар аз фиръавн аст.

Халқи Истаравшан! Ба номи Худо Раҳмонов аз мо метарсад биёед хезем? То кай ждат мекунем зулми ин Худо лаънат кардаро. Биёед ҳамакас  9 сентябр митинг бароем. Ватан ва давлатамонро аз дасти ин ёғӣ ва тоғут наҷот диҳем. Падару модарҳоямон ждат карданд, мо ҳам ждат кунем? Барои бачаҳо мо аз мо ҳам вазнин мешавад.

Чи қадар қориҳову муллоҳоро кушту зиндон кард. Бо чанд муллоҳоро запрет  кардааст. Дар Истаравшан бо чашмони баста ва пушида мегарданд. Ба митинг бароем ва бо роҳи Худованд ояндаи  худамонро созем. Барқ нест, кор нест. Ҳеҷ нафаре хат ва забони арабӣ намедонад. Аз домуллоҳ чизеро пурсида намешавад. Метарсанд, ки ҷавоб диҳанд. Ояндаи миллат чи мешавад?

Биёед хезем.То кай ждат мекунем? Дар мусофирӣ мондаву хаста шудам. Гапи охирам ин аст Ҳайдаров Дилмурод барои худат дигар ҷо ёфтагӣ. Масҷидро ба наздикӣ мегирем. Боз халқ баромада 5 вақта намозашро дар масҷид мехонад. Садои азон баланд мешавад.

Бародар ман узбекам, агар хато нависта бошам ислоҳ кунед. “Ислоҳ”, ки ислоҳ мекунад.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №128 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№59
Махсусияти муҳтавои барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ин аст ки воқеият ва ҳақиқати гирду атроф ва муҳити иҳотакардаи мардумро худи мардум мегуяд. Онро наметавон рад кард ва ё таҳти шубҳа қарор дод. «Номаҳо…» навиштаи онҳое аст ки дар даруни ҳодисаву воқеаву ҳолату вақтанд. Бо вақти реалӣ. Чизе изофа намекунанд ва илова ҳам намешавад. Руку рост, ончиро ки мебинанду медонанду шунавидаандро мегуянд. Номаҳои зеирн гувоҳи иддаои мо аст. Бихонеду бисанҷед ва агар пай бурдед ва дидед, ки муаллифе  таҳрифи воқеият кардааст, дарҳол посухи вайро дар кафи дасташ бигзоред. Яъне ба мо бинависед ва бигуед, ки ин матлаб ва ё ин факт саҳеҳ нест. Мо дар барномаҳои зиёди худ чунин номаҳо доштаем ва шумо ҳам метавонед ин корро кунед:

Москва

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Чанд рӯз пеш дар пойтахти Русия-Маскав мақомоти ин кишвар аз як қочоқбари маводди мухадири тоҷик 270 кг ҳероин кашфу мусодира кард. Ин ҳодиса дуруст дар рӯзҳое воқеъ шуд, ки Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ барои бо худ бурдани Дилшод Саидмуродов, нафаре,ки дар дуздӣ ва куштори Шуҳрат Исматуллоев муттаҳам дониста мешавад, ба Маскав омада буд. Вазири дохилӣ тасодуфӣ наомада буд, ва маълум аст ки пешопеш гапзанон карда буданд. Аммо Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон тавассути каналҳои худ дар Москва корро тавре тоб дод, ки вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзодаи буқача холӣ баргардад. Ва, дар назди Раҳмонов беобрӯ шавад. Ҳоло Юсуф Раҳмон мехоҳад, ки СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзодаро, ки бо Раҳмонов хеле ҳам наздиканд ва Раҳмонов ба онҳо сахт бовар дорад ва такя мекунад, дар чашми Раҳмонов камранг ва ниҳоятан сиёҳ кунад.

Боздошти Ғуломи қочоқбар дар наздикии шаҳри Маскав кори дасти Юсуф Раҳмон аст. Юсуф Раҳмон маълумоти дақиқ дорад, ки ин бор бори Зоири домоди Эмомалӣ Раҳмонов аст. Вай аз чанд вақт аст ки дар пайи Зоир аст ва нақшаву нияташ ҳам ҳамин аст ки Зоирро ба иттиҳоми қочоқчӣ бадном кунад. Тайи ду соли ахир самти Русия барои Зоир сахт «неудачний» шуда истодааст. Ин ҳадди ақал се бор шуд, ки партияҳои калони бори чандмиллиондолларии Зоир ба даст меафтад ва наказаташ мекунанд.

Чанд сол пештар Обиди бачаи Эмом Хуяк бо фармони падараш 25 кило героини Зоирро дар Русия кидат кард. Ин чанд бори ахир бо наводкаи Юсуф Раҳмон борҳои Зоирро қапидану қапида истодаанд. Агар ба ҳамин минвол рафтан бигирад Зоир ба носфурушӣ мегузарад.

Юсуф Раҳмон ин 270 кило борро хабар дода аммо овоза андохтааст, ки Рамазон Раҳимзода ба русҳо хост бар ивази дастгир ва таслим кардани Дилшоди красавчик ин маълумотро ба онҳо бидиҳад.

Кулоб

Ассалому алайкум, Пешвои миллат, бародар Муҳаммадиқбол! Аллоҳи меҳрубон пирузиро насиби мову шумо гардонад.

Нома аз рустои Комсомол. Номи наваш Сарёзии миёна. Мо, халқи ин деҳа дар азобу ситами Абдуҷаббор Зардиев ва писаронаш гирифтор шудаем. Ростӣ, намедонам аз ҷабру зулми кадоме аз писарони вай оғоз намоям.

Беҳтараш аз худи Абдуҷаббор Зардиев сар кунем.

Дар мо аз ду қишлоқ 193 гектар замини подачарро сангов оформит карданд. Яъне замини давлатӣ. Аз ҳамин 193 гектар Зардиев 120 гектарашро замини президентӣ ва подачар тақсим карда буд. Пасвои миллат Раҳмонов худро дар пеши халқ ширин карду замини президентӣ гуфта тақсим кард

Аммо Зардиев Абдуҷаббор ҷойҳои лаҳми заминро подачар оформит карда андози давлатро надода пахтаву гандум мекорид ва ба фоидаи киссаи худ истифода мебурд. Беш аз 70 гектарашро барои худаш ва 120 гектари мондагиашро, ки ба худо қасам санговзамини қоқ буд, ба халқ замини президентӣ гуфта тақсим кард. Подачараш тақрибан 10 гектар монд. Замин неву санглох.

Аслан заминҳои президентии мо бояд аз болои деҳа дода мешуд. Аммо замини лаҳмро Зардиев Абдуҷаббор солҳои тулонӣ бе налог кишту кор карда гашт. Эмомалӣ Раҳмонро лой молида гашт. Аҷобати кор дар онки нафсаш қарораш нагузошту хост ҳамроҳи писараш-Набӣ ҳамин замини подачарро гирифта «маленкий городок» ва бозорча ташкил кунад. Дар лаби раҳ як бино сохту рафт ба пасвои миллат пешниҳод кард, ки мо мехоҳем, ки дар ҳамин заминҳои холии сангов беҳбудӣ кунем. Пасво дид, ки заминҳои кушоду холӣ аст, гаврикоша равон кард, маъқул карданд. Ва, аз дасти ин золим гирифтанд заминҳорову худашон минтақи озоди иқтисодӣ ном карданд. Пешниҳоди Абдуҷаббор Зардиевро Эмомалӣ отказ кард.

Аз одамҳои наздики Абдуҷаббор Зардиев шунидам, ки гуфтанд баъд аз онки пешниҳодашро Эмомалӣ отказ кард ва заминҳоро одамҳои наздики худи Раҳмонов гирифтанд, як моҳ зиёд қанд ва фишори хуни Абдуҷаббор Зардиев боло рафтаву касали руи ҷогаҳ шудааст. Ва, ҳамин тавр қандаш дигар паст нашудаву то ҳоло ҳам ба худ наомадааст. Ҳатто дилашро зӯр омад ва Олмон рафту клапани дил иваз кард. Гуфтанд, ки ин навбат охирон бори ҷарроҳи дили вай аст, кафолат ҳам надодаанд. Аммо мегуянд, ки ганда мурдан надорад, рост будааст намурд.

Баъд аз онки одамҳои Раҳмонов барои минтақаи озодӣ иқтисодӣ ба чену андозагирии заминҳо омаданд, як бор рафтанд сари заминҳо. Дарҳол Ҳусниддини писари Абдуҷаббор Зардиев бо ҳамсинфи Набии бародараш, ки Юсуф ном дорад ва раиси маҳалла аст, даст ба заминфурушӣ заданд. Халқ ҳама рафта замин харид. Барои таҳҷои хона. Юсуф сумро дарза  мекард ва мебурду медод ба Ҳусниддин. Байни халқу Ҳусниддин Юсуф миёнаравӣ мекард.

Баъдан боз дуюмбора аз Душанбе барои минтақаи озоди иқтисодӣ ченкунӣ омаданд.

Диданд, ки дар инҷо аллакай пеши халқ бетонрезиро сар кардааст. Филҳол хабар ба боло рафт. Ва зуд аз ин тараф ба насби ришоткаҳо сар карданд. Тана ба танаи битонҳои рехтаи одамҳо.

Баъд полний маҳкам карданд гирди заминҳоро ва ришткапеч карданд. Халқи бечора тамом, аз гову молу ҳол халос. Мардуми бечора 2-3 говӣ доштанд, дигар ҳамаҷо маҳкам, ҷойи алафбиёрӣ нест, пода ҷои чаридан надорад. Халқ дар қишлоқ чӣ дорад? Аз ҳамон 2-3 гову замин маҳрум гаштем, аз замин ҳам ва аз гов ҳам. Ба умеди «городок» кунии ҳоҷӣ Набӣ ва минтақи озодашон. Руяшон сиёҳ.

Бояд акнун дар 193 гектар заводу фабрика бисозанд. Вале гуманд. Мо аз ҳамон заводу фабрикаатон безорем.

« Ай аму ойлики гуё медодагии шумода гову замин беҳтар буд, чун нақд ва дар дастамон буд. Деҳқон гандуми замистониашро аз замин мегирифту як тайлоқ фарбеҳ мекарду пули договори солонаи институти бачаша медод. Ҳоло чӣ? Ҳеҷ чизе нашуд. Ду даст дар почаки бинӣ мондем».

Боз азоби заминхаридагиҳо сар шуд. Заминфурушҳоро «допрос» карданд, дарҳол Юсуфшайтон омад, фир гашту гуфт, бачаҳо акнун илтимос, харидем нагуед. Бигуед,ки мо солҳои дароз колхозчӣ будем, аз ҳисоби бе сум колхоз доданамон.

Аслан вақти пулгирӣ барои замин ягон ҳуҷҷат надода буданд. Халқи камбағалро гуфта буданд,ки баъд медиҳем. асосан, касоне, ки ба суроғи ҳуҷҷат рафтанд, боз Ҳусниддин алоҳида сум требоват кард: 3 ҳазор сомонии дигар.Боз пулро мегирад, оё медиҳад ё не номаълум.

Ҳоло боз омаданд аз Душанбе барои минтақаи озоди иқтисодӣ. Қасам ба Худо трактор оварданд ва чапакунии хонаҳоро сар карданд. Аз сари оғилҳои бригадаи Абдурасул чандеашро чапа карданд, ки халқ хесту доду фиғон кардан рафтанд.

Эй ҳамватанони азизам. Мо бояд ин доду фиғонро барвақттар сар мекардем. Ҳо ҳамон даврае, ки бори аввал аз Душанбе  барои минтақаи озоди иқтисодӣ кардан омада буданду заминҳоро гирифта ришотка заданд. Аммо, мо хеле дер кардем.

Акнун дар бораи Сафар Зардиев  писари дигари Абдуҷаббор Зардиев ва бузҳояш каме маълумот медиҳам.

Баъд аз онки заминҳоро аз дасти халқ гирифтанд, халқ говҳояшонро фурухтанду яктои говашро нигоҳ дошт. Баъд ба Арна чаронднӣ мебурданд. Дастчарон, ки дар бехи як гов як одам аз бандаш қапида рост буд, ки мабодое гов ба суи заминҳои Сафар Зардиев  нигоҳ накунад. Сафар говҳоро хала мезанад. Бешухӣ говҳои Сайфиддини ҳамсинфашро хала зада буду зани ҳамсинфашро тамоми ҳақоратро карда буд.

Сипас ин Сафар ду нафар Рамазони Абдулло ва Нури Гагаринро, ки гову моли зиёд доштанд, ба худ буз кард.

Бо маслиҳати бузҳояш заминҳои аз роҳ болои Арнаро гирифта ба Нури Гагарин дод ва аз роҳ поёнро ба Рамазони Абдулло. Ин ду буз халқро ба суркунӣ сар карданд, ки дар инҷо гов начаронед. Кадомеаш, ки гарданғафсӣ мекарду мегуфт, ки «ма шапидагиюм шумора, шумо киен»? Ин бузҳо дур мерафтанду дарҳол ба Сафар занг мезаданд. Сафар омда ҳақоратро сар мекард.

То ҳаде худо задасташ, ки гумроҳ шудааст. Мегуфтанаш аз худо битарс, накун ин хел корҳоро. Наузубиллоҳ мегуфт,ки ҳамон худо, ку фарёдаш кунед, ман бинамаш. Аммо шерҳои нарре буданд, ки Сафрро ҳам шапидагианд.

Аммо ҳама милисаҳои отдели Зиркаӣ якҷо бо участковий аз худашон аст. Дар пеши ҳамаи милисаҳои он территория ба гузи Зардиев ва писаронаш лабай мегуянд. Ин Сафар Зардиеви  номард зуд милисаҳоро фарёд мекунад. Бо фармони Сафар говашро мебаранду алоҳида протокол мекунанд, худашро алоҳида. Ин Сафар ҳатто говро ҳам протокол мекунад, ки гандуми маро хурд. Аз тани гов соҳибаш имзо мекунаду 200-300 сомонӣ ҷаримааш мекунанд. Нури Гагарин ва Рамазони Абдулло, ин ду буз бо ҳамроҳии Сафари Зардиев халқро «да пчоқи писта ҷо кадагиян».

Дар деҳа ва дар ҳамаи колхоз, на танҳо дар қишлоқи Комсомол, дар ҳамаи гирду атроф овоза шуд, ки ин Нури Гагарини буз зани ҳамсояашро, ки шавҳараш дар Русия аст таҷовуз мекунад ва бо вай кайфу маишат мекардааст. Онҳоро дар болои зинояшон қапиданд. Ин корро зани худи Нури Гагарин кард. Хусури келин омад, раиси маҳалларо фарёд карду маҷлис баргузор намуданд. Дар маҷлис гуфтанд, ки чи кораш кунем? Ин таҷовузкорро? Ними халқ хесту гуфт,ки бадарғааш кунед аз қишлоқ. Нур, ки ғуломи Сафар  ва обчии замини пахтааш буд, пуштибониро сар кард. Пагоҳ аз отдел омаданд. Ҳамаи онҳоеро, ки дар маҷлис иштирок доштанд ва таклифи бадарға карда буданд, бурда дар отдел 200 сомонӣ ҷаримаашон карданд ва боз 2 ҳафтаи дигар кашокашон карданд, албатта бо фармони Сафар Зардиев. Акнун мардакбарин вақте акаи Муҳаммадиқбол мегуфт ҳоло сабр кунед занҳову духтарҳотона таҷовуз мекунанд ва гап задантон намемонанд бо чашмомон дида истодаем валлоҳи қасам.

Кутоҳи гап ин аст ки дод ва ҷабр аз дасти ин Сафар Зардиев. Инро гуфтанӣ ҳастам, ки э,пасвои миллат Раҳмонов! Ку заминҳои президентии додагиат. Гуё дилат ба халқ сухту замин додӣ. Вале ба умеди минтақаи озоди иқтисодиат мо дигар замини президентӣ надорем. «Бгӣ масалаи Заридиева бин, моро замин те. У болои қишлоқ замини президентӣ оформит кардагӣ аст. Аммо Зардиев истифодаш бурдестай. Ба худо мо безор шудагием ай и бзои Зардиев Абдуҷаббор».

Яктои дигараш бо номи Мулло Иброҳим, бародари нотании Зардиев, падаряки модарҷудо. Мулло гуфта халқи бечора ба маъракаҳо даъваташ мекунанд. Қасам ба худо бузи амният аст. Дар ҳар куҷо, ки одам бисёр бошад ё ду намуд хурок бошад дарҳол камера мекунад ва мефиристад: «ҷошда миян 8 ҳазор штраф менависанду мераванд». Охир ин чи қонуни танзим шуд дар ҷонмон заден ба ин қонунтон ҳарромо.

Ба номи Аллоҳ қасам 90% деҳаро намефорад, ки аз пушти ту намоз гузоранд. Аммо аз пушти Абдуҷаббор Зардиев ва амният ту каттагӣ карда истодаӣ. Қасам ба Аллоҳ бародар Муҳаммадиқбол, ҳама чизҳои масҷидро дуздида бурдагӣ аст. Илҳоми Путин барои масҷид як движоки калон роҳӣ карда буд, аз подвалат барораш ва оварда ба масҷид гузор ё фурухтиаш? Онро барои ту нафиристод, барои маъракаҳои сокинони қишлоқ фиристода буду ба масҷид. Эй буз, Хушбахти Мурод ҳамаи гапро дар руят гуфт. Аз ҳамаи чизҳои масҷид бохабар буд, ҳисобу китоб мекард, аз пулҳое, ки аз Русия ҷамъ карда барои ободии масҷид фиристода буд, аммо ту ҳамроҳи Сафари Сайтоҷ ва Юсуфшайтон хурдед. Сафар 1000 долларашро ба калла гирифт. Аз соли 2009 то ҳозира наовардаӣ. Ҳамаи инро дар руят мегуфт. Ҷои куштанашро мекофтӣ. Дидӣ, ки бо ҳоҷӣ Набӣ гапҳояшон гурехт. Барои 1000 сомонӣ Хушбахт носозу ногап шуд. Аз фурсат истифода карда Набиро гуфтӣ, ки бо Муҳаммадиқбол ҳамин гап мезанад. Данийҳои шумо ва акаамро ҳамин Хушбахт додааст. Набӣ ҳам медонист, ки Хушбахт пуле, ки грузиташ карда буд, намедодаш. Дарҳол аз момент истифода бурда, бурда бегуноҳ хоини миллат гуфта тюрмааш кард. Каналҳои ин Набӣ сахт аст, ҳамроҳи ҳамаи органҳо шинос аст. Аммо Иброҳим, ту ку аз Аллоҳ наметарсию фардо рузи қиёмат дар ҳақи зану фарзандҳои ҳамааш ҷавоб мегуӣ. Ту номард, ҳоҷӣ Зокир шогирдат буд, тюрмааш кардӣ. Роҳӣ кардӣ амниятро, ки биравед хонааш китоби бисёр дорад. Аллоҳ ҳамаи инҳоро саришта кунад. Мулло Иброҳим бачаат ҳамроҳи бачаи ҳоҷӣ Сатор дузди қишлоқанд. Дар ҳамин семоҳа чор хонаро дузд зад. Валлоҳи қасам яктоаш писари ту аст, яктоаш аз ҳоҷӣ Саттор. Ту, ки бузи амнияти Саттор. Ин Саттор, ки ҷияни Абдуҷаббор Зардиев аст, халқи бечора метарсад. Бигуянатон, барои онки шумо боз нафари гапзанро ягон туҳмат карда зиндон мекунед. Бачаи калониат омад дар Русия 200 ҳазори мардакро дуздид. Қапидану пулро гирифтану бо аз тарси туву амният дар бутилка нашинонданаш, камерааш накарданд. Ту аввал Исмоили бачаи худатро хизмат роҳӣ кун, баъд бачаҳои дигарҳоро бузӣ куну бифруш зебат медиҳад. Ту бача не, дузд тарбия кардаӣ. Бас кун бузиву камеракунӣ ва дар диктофони телефонат гап запс карданро. Боз ин қадар гуноҳҳои дигаратро медонам. Боз дуюм нашрат мебарояд. Курнамакӣ накун, нисбати халқ. Пагоҳ, ки мурдӣ, одамҳои амният намеоянд гурат кунанд. Бо ҳамин халқе, ки ҳамроҳи акаат Абдуҷаббор Зардиев азоб дода истодаанд, ҳаминҳо гуру чубатон мекунанду қабратонро мекунанд, бас кун. Сафари раис, Нури Гагарин, Рамазони Абдулло, аз худо шарм кунед. Ба маъракаҳои мардум меравед изо нокашида мешинеду мехуред. Заҳрро бихуред, боз мехезеду дар фикри шикори халқ мешавед. Мо ошкоро мегуем ҳамаи мо безори ҷон шудаем аз ин зулмҳои Зардиевҳо.Ҳамаи мо Ислоҳ тамошо мекунем ва сад дар сад тарафдори шумо ҳастем. Дигар аз ин золимону номардон наметарсем!

Қумсангир

Ассалому алейкум домулло! Худованд шифоят диҳад ва ҳеҷ гоҳ касалу бемор нашавӣ. Умри дарозат диҳад.

Ман аз посёлкаи 7-и ҷамоатиИстиқлоли Қумсангир. Шумо дар бораи Искандаров Ҷаҳонгир барнома кардед, мо тамошо кардем ва хело хурсанд шудем. Аммо ҳеҷ тағйироте нашуд. Мо дида истодаем, ки боз  мардумро ғам дода гаштааст.

Аз 31август сар када боз як найранги дигарро роҳандозӣ кардааст. Мисли лото.   Ҳама сарбозшавандаҳоро  номнавис мекунанд, номи кадоме барояд, аз ҳар як деҳа 4 нафар бояд сарбоз баранд. Аммо ба худо қасам ин ҳамааш дуруғ аст. Худи Ҷаҳонгир мегуяд кадомеаш, ки маъқул нест, пул гирифтан мушкил аст, номашро менависад ва падару модарашонро мегуяд номи бачаатон баромад, занг занед биёяд хизмат равад. Аммо боз ба хонаи бачаҳои дигар рафта падару модарҳояшонро мегуяд меххоҳӣ, ки бачаат хизмат наравад, номнавис накунам, бояд пул диҳӣ.Аз 500 то 5000 сомонӣ ҷамъ карда истодааст. Мо маълумоти пурра дорем, ки аз якчанд падару модарон чанд пулӣ гирифтааст. Вақте барномаатонро одамҳо диданд, ин беномус гуфтааст,ки «инҳо бекоранд, ҳарчи мегуянд».

Э, беномус, ҳар як қадамат зери назорат аст, инро бидон. Боз дар бораи Нодиров Ислом, раиси ҷамоати Истиқлол чанд ҳарфе гуфтаниям. Ба худо қасам то соли 2008 як даҳмарда(чупон)  буд.

Мо майда будему говчаронӣ мерафтем. Ҳамроҳи мо гов мечаронд. Вай соли 2010   дар ҷамоати Истиқлол налоги об ва соли 2016 директори мактаби 7 ҳамин ҷамоат шуд. Он вақт Баҳриддин раиси ҷамоат буд. Чи хеле мешаваду гапҳои Баҳриддин ва раиси ноҳия   мегурезад ва раиси ноҳия ба ҷойи Баҳриддин ҳамин чупонро  раиси ҷамоат мемонад. Ин Ислом сахт тарсу ва бесавод аст. Агарчи раиси ноҳия фармони таъиноташро имзо кард, аммо «дух» намекунад, ки биравад Баҳриддинро бигуяд, ки ман раис шудам, кабинетро холӣ кун.

Ду ҳафта мегузарад, милисаҳо меоянду Баҳриддинро аз кабинет мебароранд ва он вақт ин чупон ба кабинет медарояд.

То баромадани Баҳридин ба гирди ҷамоат тоб намехурд. Барои он ки ин чупонҳо аз дасти Баҳридин хурдагӣ буданд. Ин Ислом як ака дорад, ки Зайниддин ном дорад. Инаш ҳам як бузи даюси дигар аст. Соли 2020 бо ҷурми заминфурушӣ дастгир мешавад. Мебаранду маҳкам мекунанд. Пулҳои аз фуруши замин ба дастовардаи акаву додар ва дуздидаҳои дигари онҳоро мегиранд. Исломро аз вазифа мегиранд. Чанд вақт пас боз ҳамин чупонро ба вазифааш баргардониданд. Аҷиб!  Маълум мешавад, ки ҳамин гуна нафарони бесаводи муттаҳам барои ин ҳукумат даркор аст. Ӯро, бовар кунед, мисли зан истифодааш  мебаранд. Чизе бигуянд ҳамон корро мекунад. Мегуяндаш, ки номи муҳоҷирро нагир, намегирад. Бечора муҳоҷирон бо хуни дил пул ҷамъ ва равон мекунанд барои таъмири роҳ, аммо бо ин пул ҳайкали Майрам гурсухта сохта шудааст.

Ҳоло дар бораи Давлатмуроди участковий гуфтаниям. Ин як инсони бисёр ҳам чашмгурусна ва паст аст. Як рӯз дар даруни бозори ноҳия, худам бо чашмонам дидам, ки чанд нафар занҳоро, ки мевагӣ ва сабзавот мефурухтанд, маҷбур кардатистодааст, ки пул бидиҳанд. Модар мегуяд савдо нашуд, пул надорам, мегуяд набошад сабзавот деҳ. Модар бо овози баланд мегуяд: э,безор кардед, мемонед савдо кунем? Мо шикамои шуморо ба кала гирифтем чӣ? Аммо участковий паст намеояду угрожат мекунад, ки дар инҷо савдо кардан мумкин нест, бардоред бору бунаатонро ва он модар маҷбур ба дасти Давлатмурод панҷ сомонӣ медиҳад. Ва ҳамин тавр дигар занҳо ҳам маҷбурӣ пул медиҳанд.

Як ҳодисаи дигар. Говҳои чанд нфарро дуздиданд. Рафтанду ариза навиштанд, ки говҳоямонро дуздиданд.

Омада як каме нигоҳ карда мегуяд оғили шумо аз хонаатон набояд аз 20 метр дур бошад. Оғили шумо 50 метр дур аст. 400сомонигӣ штраф карду рафт. Аз чанд нафари дигар ҳам ҳамин хел корро шунидам. Мардум дар ҳайрат задаст, ки ин чи хел участковий аст, ки ба ҷойи онки дуздро кобад, соҳибони говҳоро ҷарима мекунад. Бачаҳои хондагӣ дар ноҳия кам нестанд. Аммо ин гуна аблаҳҳоро боз участковий мемонанд. Бовар кунед мардум аз дасти ин милисаҳо ба дод омадаанд.

Як милисаи дигар Шуҳрат ном дорад, уголовник. Ин лаънатӣ мардумро дар даруни отдел ончунон мезанад, ки баъзеҳо ба мурдан наздик шуданд. Раҳм надорад. Руирост пул талаб мекунад.

Нафари дигар Шоҳин, аз Данғара, замначалник аст. Ин замнач аз касе наметарсад. Руирост пул мегирад. Аммо даҳонаш мисли туалет, мардумро ҳақоратҳои қабеҳ мекунад. Нону намаки ин мардумро хурда ношукрӣ мекунад. Намефаҳмем, ки ӯро мабодо хар зоида бошад?

Бовар кунед, ки мардум мурғ шудагианд. Домулло ман медонам бачаҳои Қумсангир Раҳмоновро бо қонунҳояш задагианд. Аммо шумо падарони онҳоро насиҳат кунед.

Боз дар борай налоги замин нохия кумсангир Хоҷаабдураҳимзода Насим аз Душанбе омадааст дар шуъбаи вобаста ба замини Идораи налоги ноҳия кор мекунад. Дар ҷони ҳама задааст. Бачаҳо хама дар Русияанд, барои ҳамин падару  модаронро ғам медиҳад. Мегуяд квитансияҳои пулҳои дар солҳои 2016 то 2023 супоридаатонро оварда нишон диҳед. О,лаънатӣ! Мардум аз дасти шумо ҳуш надорад, ки саҳар чи хурда буданд, шумо бошед аз 2016 мепурсед. Агар ин квитансияҳо набошад худо зад. Сар мешавад. Аз кадом соле квитансия набошад пул аз ҳамон сол сар мешавад ва аз сар месупоред. Боз бар сари мусафедону модарон зурӣ мекунад, додувой мекунад, аз амният метарсонад.

Ҳар сол заминҳоро чен мекунанд. Ман намефаҳмам, ки аз ин сол то соли дигар магар замин васеъу дароз ё зиёд мешавад?

Ин ланатихо гузаронидагияанд боз пулчамкуни тамомнашуда боз заминхоро ченмекунан харсол хамин хол охир ман намефахмам аз як сол ба соли дигар зами дароз мешавад ки шумо харсол зами чен мекунед?

Боз як  хабари дигар. Дар ҷамоати Истиқлол баъди нашри наворе, ки муҳоҷир нагуед, чанд нафар, ки дар Вотсап «группа» доранд, навори Исломро мемонанд ва масхараш мекунанд, байни худашон. Отдели ноҳия 20 нафарро фарёд мекунад. Ин наворро ,кӣ дар шабака гузошт гуфта як шабонаруз маҳкам мекунанд. Бачаҳо ҳар кадоме пул дода баъд аз онҷо мебароянд.

Ман ба Нодиров Ислом гуфтаниям, ки ту худат як масхараӣ, бас куну рав. Беномусиатро нишон додӣ! Ту чи хел меравӣ ва дар чашмони мардум нигоҳ мекунӣ, баъи ин ҳама гапҳои гуфтааст?

Ҷалоллидини Балхӣ-Колхозобод

Аслан ин нома аз Қумсангир ба Ислоҳ расидааст вале дар мавриди Колхозобод ин маълумотҳоро навиштааст,ки санҷидем дақиқан дуруст мебошанд.

Акнун мехоҳам дар мавриди ноҳияи Ҷ.Балхӣ каменависам,чунки ман онҷо кор мекунам ва ин ҳамаро мебинам. Ҳоло дар бораи як нафар мехоҳам бигуям. Ин нафар Рустам Холиқов аст. Раиси лимнарнии шаҳракаи Гулистони ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ буд. Траншеяи лимонҳоро чапа карда фурӯхт. Ҳар куҷое кор кард, ҳамаро фурӯхту хурд. Ин бародари Ҳоким Холиқзодаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон аст. Мегуяд ман бародари раиси бонки миллиям касе метонад мара ягон гап бга? Боз Рустам Холиқов раиси ҷамоат шуд. Роҳи Гулистон то Казоқо ва то мазорро бо экскаватор канд. Асфалти ин роҳҳоро ба хонааш даровард ва дар кучаашон рехт. Ҳозир ҳам он роҳҳо ҳамон хел истодааст. Аз соли 2017. Ҳозир боз муовини раиси ноҳияи Колхозбод аст. Хуб дигар бояд фаҳмед худатон,ки чихел муовини як ноҳия мешавед?

Мардуми Гулистонро маҷбур карда истодааст,ки барои об пул бисупоранд. Агар надиҳед гуфтааст, обҳоятонро мебурам.

Як ҷиянаш роҳбари Амонатбонки Гулистон аст. Номаш Камолов Бобоҷон Одинаевич аст. Бачааш бошад як мерседеси тонировкаи сиёҳ дорад. Холиқов Аҳмад Рустамович, номери мошинаш 80 00 аст. Вай ҳамеша яке аз фигураҳои асосӣ дар мавсими «облава» аст. Умедворем Ҳоким Холиқзода раиси бонки миллӣ ба бародарону ҷиянҳояш мефаҳмонад,ки даст ба мардумозорӣ назананд.

Боз як наркомани дигар Самадов Бегиҷон Зикирович, соли таваллудаш 1 июни соли1967 аст. Тамоми хонаҳои маркази Гулистонро чапа карда магазин сохт. Кришааш СС.Ятимов аст. Бародараш Навруз Самадов 1апрели 1985 соли таваллудаш аст. Мардумро сахт зулм мекунад, ки аз мағозаи ман бихаред. Вай ҳар вақт лоф мезадааст, ки «криша»-и ман СС.Ятимов аст, ина магазинаш»

Бегиҷон лақабаш аст. Бачааш посредник аст дар Санкт-Петербург. Ҳақи мардуми муҳоҷирро мехурад. Наркобизнес ҳам ҳастанд.

Як беномуси даюси дигариаш Мумин Самадов, ки ба банг қапиданаш, ҳеҷ чизаш нагуфтанд. Кришаи у ҳам СС.Ятимов аст.

Давлат Анварович Раҷабов, ин наркобизнеси калон аст. Кришааш Карими милиса аст. Аз Гулистон. Ин як ҳаромхури дигар.  Давлат як магазин дорад, Фурушандааш Ҳикматов Ҷомӣ Сироҷович. 5 октябри 1995 таваллудаш аст. Аз Маскав депортатсияаш карданд. Ҳозир дар магазини ҳамин наркоман фурушанда аст. Кришаи инҳо Валии сиёҳ ,шогирди ҳоҷӣ Амири додараруси президент. Мардуми Гулистон аз дасти инҳо рӯз надоранд.

Шарипов Фирдавс Умарович, ГАИ-и шаҳри Бохтар, соли таваллудаш 20. 04. 1994. Дар ягон ҷо хондагӣ нест. Мардуми Кушониёнро бисёр азоб медиҳад. Кришааш Рамазон Раҳимзода аст. Ҳамаашон аз Гулистонанд

Айнӣ

Ассалому алейкум устод! Шукри Аллоҳ, ки номаи мо дар  барномаи «Номаҳо…»-и № 46 нашр гардид. Бисёр хушҳол шудам устод. Умрам ба 50 расид. Мехостам, ки дар барномаи № 50 номаи маро ҷой диҳед. Барномаи номаҳои 47-ро тамошо кардам, ки мардуми Фархор шикояти роҳ доранд ва мегӯянд, ки мо чанд нафар генерал дорем, аммо роҳҳоямон вайрон.

Бале, фархориҳо. Тамоми генералҳо фархориву восеъӣ, лекин рохҳо хароб. Мардуми Рарзи шариф не генерал дорад, не майёр, аммо сокитанд. Роҳи мо аз маркази ноҳия Айнӣ то Рарзи шариф 18 километр аст. Бе муболиға мошини майда як соат зиёд меравад. Аз рустои Фатмев то Рарзи шариф чуқурихои калон –калон, ки мошин медарояд, дудаш мебарояд. Мардуми шарифи Рарз шумо мебинед, лекин хомушед. Бо хушомадгӯӣ ҳаёт ва рузатон мегузарад. Не роҳи хуб доред, не зиндагӣ хуб аст. Бисёриҳо дар азобанд. Ба доди шумо ҳеҷ кас намерасад. Метарсед, ки хабар медиҳанд, бузҳои бешох.

Чанд сол шуд пеш дар телевизиони ҷумҳурӣ тамошо карда будам, ки дар бораи ГЭС-и ноҳия Айнӣ дар мавзеъи Осиёи Мирҳофиз, дар қишлоқи Рарз сухан гуфта буданд, ки ГЭС -ро ба истифода доданд. Канӣ ин ГЭС бародарҳои Рарзи Шариф? Чанд сол шуд ин ГЭС-и калонтарин аз кор мондааст ё ки фурӯхта бошанд? Ана инро боғайратӣ мегӯянд, ки як ГЭС-и калонро фурӯхтанд, ё ки дуздиданд. Айб аст,  аз Аллоҳ битарсед, шарм бидоред ,то кай ин мардуми шарифи Рарзро ба чашмашон хок мепошед? Афсус,дар маркази қишлоқи Рарз чойхонаи калон буд. Ва то ҳоло ҳаст. Аммо бо кадом сабаб чойхона дараш маҳкам қулф задагӣ аст. Ягон бародари бо ору номус, бохун хуни рарзӣ, ки савол бикунад, ки бо кадом сабаб чойхонаро қулф задаанд?. Аз қишлоқи Фатмев то Шаватки боло ва Масчоҳи куҳӣ мусофирон чой ва хурока мехурданд. Ҳозир ин мусофирони роҳгузар ба куҷо бираванд? Афсус ин раисони собиқ ҷамоати Рарз ҳамаро фурухтанду пул карданд. Ба ин раисон мусофир чи лозим? Ман ба 50 даромадам. Аз раисони нави ҷамоати Рарз хоҳиш дорам, ки роҳи Гузари бодро камтар таъмир кунанд ва чойхонаи Рарзи шарифро дарашро бикушоянд, кори хайр мешавад. Мусофирон чой бинӯшад. Ва ГЭС- и Рарзро ба кор андозанд. На гов монду на мол, на роҳ монду на трактор, на клуб монду на идора. Ҳамаро фурӯхтанд. Куҷо шуд инсоф? Ба фикрам инсоф тарсиду ба муҳоҷират Русия рафт.

Бас аст ба чашми мардуми Рарз хок пошидан. Аз Аллоҳ битарсед, шарм доред. Ана марҳамат боз барқхомӯшкунакон ҳам сар шуд ба фикрам барқ ба Афғонистон ба муҳоҷират нею барои равшанкуни ва гармкунии хонаҳои ҳамсоякишвар рафту мою шумо шукронаи ана ҳамин сарзамин ва пешво карда гардем!

Ёвон

Салом Муҳаммад Иқбол! Мо аз шумо беҳад миннатдор ҳастем.

Наворро дидем ва хело хушҳол шудем. Бародар агар аз амнияти Ёвон ба шумо агар таъмири мактабро нишон диҳанд инро бидонед, ки мо мардуми муҳоҷир пул партофта онро таъмир карда истодаем.

Валлоҳи қасам мо муҳоҷирҳо зиёда аз як миллион рубл ҷамъ карда мактабро таъмир карда истодаем. Аз тарафи маориф ягон кумак расидагӣ нест. Ин номаро метавонед нашр кунед. Дар бораи ҳамон директори мактабамон Наҷмиева Гулҷаҳон. Вай муаллимаи ҳаромхур аст. Ҳоло ҳам кор карда истодааст. Чаро мудири шуъбаи маориф он ҳаромхурро аз кор пеш накард? Ман баъдан фаҳмидам, ки ӯ ба як корманди прокуратураи ноҳияамон «алоқа» доштааст. Ин директор шавҳар надорад.

Бародари азиз! Баъди нашри он наворе, ки аз номи директори мактаби №  22 –и Ёвон Наҷмиева Гулҷаҳон ба амал омад, ҳатто кудакҳои деҳаамон шумора шинохтанд.

Мактабро аҳли гурӯҳи деҳаамон пул ҷамъ карда тамир кардем. Чуноне гуфтам аз тарафи ҳукумати Раҳмонови касиф, ягон кумак нашудааст.

Дар деҳа ва дар ноҳия камбудиҳо бисёр аст. Ягон кас раҳми мардумро намехурад. Роҳҳо вайрон, ягон раҳи дуруст надорад Ёвон. Роҳи дохили ноҳияро камтар соз карданду тамом. Соли 2020 Раҳмонов омада буд, пули ноҳияро кушоданд. Ҳамон сол ҳам дуруғ гуфтанд. 16 километр роҳ соз кардем гуфта 8 ё инки 9 километр роҳ карданд. Ҳамааш дуруғ аст. Ба доди мо кай мерасед?

Вахш

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Пеш аз ҳама аз шумо ташаккур мекунам, ки дар фикри ин миллат ҳастед  ва дар ранҷу мушкилоташон шарикед. Аз Худои якто хоҳони онам, ки ҳар кас дар фикри  рафъи мушкилоти мардум аст, кумакаш кунад ва муваффақаш созад.

Ман як муҳоҷирам дар Русия. Шикояти шахсеро аз ноҳияи Вахш дар «Номаҳо аз ноҳияҳо№42» ҳамроҳ бо наздикон ва дӯстонам шунидем. Мо дар деҳаи Ҷавонӣ (бо номи ПМК ҳам ёд мешавад), хоҷагии Дӯстӣ, ҷамоати Ваҳдати ноҳия зиндагӣ мекунем. Ончи ки дар он барнома садо дод, ҳамааш воқеӣ аст. Мо, занг задем, ҳамдеҳаҳо он суханҳоро тасдиқ карданд, вале касе ба додашон то ҳол нарасидааст.

Онҳо аз соли 1995-96 то имрӯза дар он деҳа тақрибан 200-250 оила (буна) зиндаги мекунанд. Раиси совхозашон Дустиев Мирзоалӣ намедонам бо кадом роҳ ҳамаи хонаҳои мардуми деҳаро бо тақаллуб ва сохтакорӣ бо номи худ ва фарзандони худ карда будааст.

Ҳоло аз мардуми деҳа талаб дорад, ки ба ман 20-30то50 ҳазор сомонӣ оред, розӣ мешавам, ки хонаҳоятонро ба номатон кунед. 2-3 нафароне, ки аризанавис ва ҷанҷолианд ҳуҷҷатҳои онҳоро бе пул ба номашон кард. Аз он ҷумла раиси маҳалро. Вале ба онҳо таҳдид кардааст, ки ба ҳеҷ кас чиза нагуянд ва даъво накунанд. Аммо боқии аҳли деҳаро тарсонида ва таҳдид ба ихроҷ аз хонаҳое ки худашон доранд, кардааст. Беҳуда нагуфтаанд, ки дузди зур соҳиби говро бастааст. Онҳоро тарсонида ва аз онҳо  пул ситонида истодааст. Ва гуфтааст, ки прокурор ҷураам аст, ҳеҷ чиз аз дастатон намеояд. Мардум намедонанд, ки ба куҷо шикоят кунанд. Ин золими ситамгар чандин оиларо аз хонаҳояшон пеш кардааст. Як чанд оила ноилоҷ молу говҳояшонро фурухта боз қарз карда билохира 25-30 то50 ҳазор сомонӣ ба вай доданд. Ана коррупсияи калон.

Муроҷиати мо ба Ибброҳимзода Карим, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон!

Ин масъаларо бар души худ гиред ва дуздонро боздошт кунед.

Хитоби дуюми мо ба Давлаталӣ Саид, раиси Вилояти Хатлон!

Шумо ҳам пайгири ин масъала бошед. Чунки раиси ноҳияи Вахш Юсупов Қурбон  “бех”  дар хоби ғафлат аст. Агар ин масъала дида нашавад, дастбардор нестем. Ҳамаи ҷузиёташро пайдо ва он прокурори кришаашро низ ҷустуҷу карда меёбем.

Сообщение  Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№59 появились сначала на ISLOH.net.

Абдуҷаббор Зардиев: « Аз Данғара ин сӯ ман «Ҷаноби Олӣ»-и Кӯлобам»
(бахши дуввум)

Абдуҷаббор Зардиев 30.000 доллар барои пайдо ва ошкор  кардани он одаме, ки сиру асрори ӯро  тавассути «Ислоҳ.нет» фош кардааст, ҷоиза эълон намудааст.

Домулло Муҳаммад Иқбол! Бародари азиз, худованд дар ҳифзу амонаш нигоҳ дорад шуморо, ки ниқоби чунин ҳақимардумхорони золимро аз рухашон бармедоред. Ҳоло Зардиев якҷо бо бархе аз кормандони мақомоти интизомӣ дар пайи ёфтани шахсияти нафареанд, ки ин маълумотҳоро ба шумо ирсол кардааст. Аммо ӯ инро фаҳмидан намехоҳад, ки маълумотҳо барои нишон додани симои ҳақиқии ӯро тамоми мардуми Кулоб мефиристад. 30.000 не.100.000 доллар ҷоиза диҳад ҳам боз кулобиҳо дар бораи зулму ситами вай хоҳанд гуфт. Чун, худованд ва ҳамаи мардуми шарифи Кулоб шоҳиданд ва бо чашми сар дида истодаанд, ки Зардиев ҳамроҳ бо бачаҳояш ин мардумро тохта истодааст.

Фарзандони Абдуҷаббор Зардиев инҳоанд:

1 Абдураҳмон, с.т 1973,

2  Бахтиёр,

3 Набӣ,с.т 1975

4 Шариф,с.т 1978

5 Ҳусниддин, с.т 1981,

6 Ҷовидон,с.т 1978,

7 Сафар с.т 1990

Инчунин  се духтари дигар ҳам дорад ва нахостем номҳои духтаронашро дар матлаб дарҷ кунем.

Абдуҷаббор Зардиев, раиси собиқи Кулоб,собиқ аъзои Маҷлиси Миллӣ баъди навори «Ислоҳ.ТВ»-ро  тамошо кардан дар ғазаб омада ба ҳамаи мақомот  фармон додааст, ки зудтар соҳиби ин қаламро ёбед ва ҳамаи писарҳову  набераҳояш, ки соҳибони асосии  замини Кулоб ҳастанд ба мардум эълон кардаанд, ки агар ин одамро ёбед 30.000 доллар  мукофот мегиред. Мо,мутмаинем, ки ин фиреб ва дурӯғи ошкоро аст ва як дирам ҳам нахоҳад дод.

«Айни замон дар деҳаи мо, баъди дарави гандум макка кишт карданд. Ҳар бегоҳ,  вақти пода омадан  Зардиев бо писару набераҳояш дар сари замин истода гове, ки нохоста ба  замин медарояд зада дасту пояшро мешикананд. Зардиев ба бачаҳояш фармон додааст, ки паронед ин говҳоро.»

Вақте раиси шаҳр буд  писараш Шариф аз дунё гузашт, чунки ба садама дучор шуд.

Як рӯз пеш аз садама дар хонаи Шариф сагҳои деҳа даромада гӯштҳои ӯро мехуранд. Шариф дар ғазаб омада ҳамаи сагҳоро паронд. Шариф Зардиев вақти як сафараш ба Душанбе дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохта буд. Шариф дар ин сафар ронандаашро ҷавоб медиҳад ва худаш мошинро меронад. Вақте ӯ дар садама ҷон бохт яке аз бародарони вай бо номи Набӣ қариб буд, ки шоферро паронида мекушт, ки чаро ту ӯро набурдӣ? Шофер аз деҳаи Чапаев буд. Ӯро аз кор пеш карданд. Албатта дар мавриди марги мармӯзи Шариф чандин маълумотҳои дигар ҳам вуҷуд дорад. Ӯ машғули интиқоли маблағ аз Душанбе ба Кулоб буд,ки ҳамеша ин корро анҷом медод. Инҷо гап сари маблағи қочоқи Афғонҳо меравад. Дигар қазоват ба шумо хонандаи гиромӣ!

«Баъди сари Шариф бозори ҷамоати Зиракиро ба номи Шариф  монданд. Ҳозир ба ҷои Шариф писари Шариф раиси ин бозор аст. Шоҳрух -соли таваллудаш1998. Дар таги по Прадои последний модел. Ин ҳам аз бобояш ҳеҷ камӣ надорад. Ба худо одами одӣ агар 200 сол кор кунад, нисфи суми Шоҳрухи 23 соларо кор намекунад.»

Абдуҷаббор Зардиев ҳама заминҳои кишти деҳаҳои гирду атрофи шаҳри Кулобро ба писархояш тақсим кардааст. Ҳақи Зардиев Шариф, писари марҳумашро ба писари Шариф Шоҳрух додааст. Шоҳрух 1998 таваллуд шудааст. Савориҳои ӯ Лексусу Прадо мебошад. Вай дар додани азобу азият аз бобояш камӣ надорад. Мардуми деҳа дар зери дасти вай ройгон кор мекунанд. Аз моҳи март то аввалҳои январ кор мекунанд,ба ҷойи музд танҳо шохаҳои буттаи пахта мегиранд.

Абдуҷаббор Зардиев ду ферма дорад: яктоаш дар Шаршари Зиракӣ ва яктои дигараш дар деҳаи Лақаё.

«Дар деҳаи Сайрозии миёна як бунгоҳи тиббӣ амал мекунад.   Аз соле худамро мешиносам сардухтури он акаи Саидшо буд. Дар саводаш гап нест. Ҳар бемори омадаро бидуни пул қабул карда дармон мебахшад. Аммо Абдуҷаббор Зардиев ин нафари мутахассис ва табиби асилро аз кор гирифта ба ҷои ӯ  зани марҳум Шарифи писарашро гузошт.»

Дар ҳоле, ки зани Зардиев Шариф  ҳатто укол карда наметавонад. Тамоман ақлаш намегирад. Вай баъди се соли марги шавҳараш яке духтур шуд. Гумони ғолиб ин аст ки    зани Зардиев Шариф дипломро харидааст, чунки вай то вафоти шавҳарашдар ҳеҷ ҷо кор накардааст. Вақте Зардиев Абдуҷаббор раиси Кӯлоб буд, писари марҳумаш Шариф раис ва писари бародари Абдуҷаббор Зардиев Абдусаттор Зардиев муовини раиси хоҷагии деҳқонӣ буданд.

Дар саршавии кучаи Зардиев як  нафаре хонаи куҳна дошт. Баъд хост, ки хонаи нав созад, битонро рехт. Зардиев омада дид. Гуфт, ки роҳи маро танг кардед. Бечораи камбағал битонро чапа карда боз  4 метр дарун  даровард ва аз саршавии куча то деворҳои Зардиев, дар рости хонаи худаш роҳ кушод, агарчи 3 метр роҳ танг мешавад.

Рӯбарӯи хонаи ин мард хонаи акаи Зардиев-  ҳоҷӣ Бобохон воқеъ аст. Ин ҳам даҳани хуб надорад. Писари Бобохон ҳоҷӣ Саттор аст. Ҳоҷӣ Саттор то омадани коронавирус ҳар сол ҳаҷ мерафт. Инҳо аз куҷо сум меёбанд?

Ҳоҷӣ Набӣ Зардиев-писари Зардиев бо наркотик сарукор дорад. Як маротиба ӯро дастгир карданд. Абдуҷаббор Зардиев аз сумҳои дар Шветсария доштааш  камеашро оварда ҷони писарашро халос кард.

«Сафар -писари дигари Зардиев «уголовный розыск» кор мекунад.  Дар таги пои ин ду Прадои маркаи охирон: яктоаш сафед ва дигариаш сиёҳ. Вай худашро аз ҳама  девонатар мегирад, ҳатто худашро аз Рустами Эмомалӣ боло мегирад. Як вақт бо писарҳои Убайдулоев  чап буд, бо ҳам соз набуданд. Агар ба ҷои Сафар мо будем, кайҳо паси панҷара равон мекарданд. Аммо инҳо бо ин ҳама ҷурму ҷиноят дар озодӣ ҳастанд..»

Худи Абдуҷаббор Зардиев 24 соат маст мегардад. Барои ҳамин мегӯяд, ки роҳро кушоед, то ки ягон касро бо мошин назанам.

Падари Абдуҷаббор Зардиев ду зан дошт. Аз модари Зардиев ду писар ва як духтар ва аз зани дуввум 3 писар. Зардиев аслан ба 3 бародари аз зани дуввуми падараш он қадар таваҷҷӯҳ надорад.

Дар масъалаи  об  вазъият тағйир накардааст. Вале хушбахтона раиси водаканали Кулоб Набиев Ҷамшедро аз кор гирифтанд. Аммо ҳамон таври пешина  хуни халқро хурда истодааст. Бовар кунед, ки Кулоб соҳиб надорад.

Ба Худо домулло мардум ба шумо сахт бовар ва эътимод пайдо кардаанд. Ҳама ба гапҳои шумо гӯш мекунад. Як чизро бояд кушоду равшан бигӯям, ки ҳамаи одамон медонанд, ки аз ин ҳукумат ягон умед нест.

«Мо гуфта будем, ки замини хирманҷоҳои пахтаро ҳам фурухтанд, аммо нав фахмидем, ки писарони Абдуҷаббор Зардиев вақти фурӯхтан ба халқ ваъда карда будаанд, ки хонаҳоятонро созед баъд қарори заминҳояторо  медиҳам. Аммо фармони нав ин ки ин ҷоҳоро «не закона» фурӯхтаанд. Дар ин муддат баъзе одамон хона андохтанд, баъзе дигар таҳкурсӣ рехтанд, дигарҳо сангу шағал оварданд. Аммо акнун бояд ҳамаи ин одамон инҷоро холӣ кунанд. Чунки Абдуҷаббор Зардиев ҳуҷҷатҳои қалбакӣ кардааст ва одамонро фиреб додааст. Ҳоло агар касе даъво ё шикоят кунад одамонро суд мекунанд. Ҳеҷ кас ба ӯ чизе намегӯяд. Ӯро барои ин ҷинояташ, ки даҳҳо нафарро фиреб додааст, давлатро фиреб кардааст ба суд намекашанд. Ё Тоҷикистон бе соҳиб аст ё мақомотҳо аз ӯ муттаҳам..»

Ронандаҳову трактористҳо ва бригадирҳои пахта, дар умум ҳама коргарҳои зери дасти Зардиев наметавонанд бе розигии вай корро бо сабаб, ки маошаш кам ё умуман намедиҳад ва ё ба нафақа баромадан хоҳанд, тарк кунанд ва ҷойи дигар, ки маоши бештар медиҳад, бираванд. Масалан як тракторист аз деҳаи Чапаев хост ба нафақа равад. Зардиев иҷозат надод. Рӯирост дар ҳақи он мард тӯҳмат карда гуфт, ки ту 5 тонна соляркаро дуздидӣ. Агар ҳозир равӣ, суми соляркаро деҳу баъд рав. Мӯсафеди бечора аз куҷо биёбад ин қадар сумро? То охири  умраш кор кунад, ҳамаи маошаш ин қадар сум намешавад.

Абдуҷаббор Зардиев дар  деҳаи мо пиёз  кишт кард. Посбони замини пиёз як марди камбағал буд. Каму беш аз инҷо бе иҷозати Зардиев пиёз гирифтааст. Зардиев инро фаҳмида ӯро қариб зиндон кунад. Агарчи зиндон накард аммо аз зиндон  бадтар кард. Ӯро гуфт, ки  барои ман 5 сол бе музд кор мекунӣ. Агарчи як маоши ночиз мегирифт. Ҳукми Зардиев  аз ҳукми Эмомалӣ  ва аз Сталин  сахттар аст.

Ман як бор ёд дорам, ки рӯзи ид ва вақти пахтачинӣ буд, масҷид омада мардумро бо овози дилхароши алкашиаш табрик карду гуфт «ид то обед аст, баъди обед ҳамаро дар пахтачинӣ бинам вагарна……» Диққат додед хонандаи гиромӣ тибқи қонун рӯзҳои ид истироҳат аст дар ҳама кишвар ҷуз Кулоб. Дар Кулоб қонунҳои кишварро аслан намепазиранд. Дар Кулоб «Ҷаноб» Зардиев Абдуҷаббор аст.

«Дар деҳаи мо маҷлис карду ҳамаи бригадирҳоро қарздор эълон кард. Аз даҳанаш чанд сумӣ мебаромад, мегуфт. Маблағи қарзҳо аз 20 ҳазор сар мешуд. Давомаш бе ҳисоб. Як бригадирро гуфт, ки «ту планро буд накардӣ, ту медонӣ, ки ҳамаи говҳои ту алакай аз ман шуданд, ё то мурдан бе музд кор мекунӣ?”  Ин бригадир аз солҳои пеш гови зиёд дошт. Онҳоро Зардиев кашиду гирифт.То ҳозир ҳамаро мисли ғулом кор мефармояд.»

Абдуҷаббор Зардиев дар деҳаи Сайрозии боло барои дарахти чанор бо як мард гапаш гурехт. Ин мард ҳам кадом як коргари баландпояи Душанбе аст. Вақти  ҷангу ҷангҷол Абдуҷаббор Зардиев ба тарафи он мард гуфт, ки «ту медонӣ, аз Данғара ин тараф Ҷаноб майум, зӯри ҳеҷ кас ба ман намерасад ҳатто зури ҷаноби олият бо ҳама авлодаш!».

«Баъди навори шумо нисбати Абдуҷаббор Зардиев  боз ҳам зулмаш шадидтар шуда истодааст. Нафраташ болои ин халқ зиёд шуд. Барои онки  сираш фош шуд. Бо ҳама қудрате, ки дорад муаллифи ҳамон навиштаи «Ислоҳ»-ро кофта истодааст.»

Аммо ҳамаи ин кораш беҳуда аст, чунки ин номаҳо аз одамҳои наздики худаш,ки ҳаррӯз онҳоро мебинад, меоянд. Азбаски ҳамеша пиён аст, онҳоро намеёбад ҳеҷ гоҳ.    Зардиев бемории дил дорад, чандин маротиба дар Европа клапанҳои дилашро иваз кард…

Ҷовидони Зардиев як рӯз бо мошинаш бо суръати баланд омада дар деҳаи Чапаев як кудакро зад, кӯдак мурд. Аммо ягон кас на даъво карда метавонад на мақомот аз дасташон ягон кор  меояд. Соҳибони кудак аз тарсу таҳдид хап карданд, ки боз  худашонро ба ҷавобгарӣ накашанд.

Дар ҷашни Наврӯз Сироҷов Давлатхуҷа, раиси пешини андози ш.Душанбе бо Абдуҷаббор Зардиев ба деҳаи мо омад. Сироҷов Давлатхӯҷа ба Абдуҷаббор Зардиев гуфт, ки писарат Зардиев Шарифи раҳматӣ аз ман қарздор  аст,пули соляркааш нодода   қарзамро бидеҳ. Абдуҷаббор Зардиев гуфт, ки аз ту писарам Зардиев Шарифи раҳматӣ қарздор бошад бирав қабрро кану суматро гир. Дар ҷавоб Сироҷов як шапалоқи обдор дар рӯи   Зардиев заду рафт.

«Абдуҷаббор Зардиев  сохтмон мекард. Яке аз шиносҳо дар онҷо коргар буд. Аз ошёнаи дуввуми  хонаи Зардиев ғалтид. Зардиев он вақт раиси Кулоб буд. Намедонам чанд суми ночиз ёрдам кард ё не, ин мард муддати 9 сол мешавад, ки инвалид аст. Қариб 2 сол дар ҷогаҳ хоб буд. Баъд оҳиста -оҳиста бо чигас  роҳ мегашт. Ҳоло бошад бе чигас мегардад. Аммо кори вазнин карда наметавонад, мелангад. Вай аз деҳаи Чапаев аст ва бо мушкилӣ зиндагиашро пеш мебарад. Зардиев ба ӯ ҳатто пенсия дуруст  карда надод. Зӯри худи вай ба пенсия дуруст кардан  намерасад. Номи ин марди бечораи камбағал  Валихон аст. Дар шаҳри Кулоб аз 3 то 5 ҳазор сомонӣ даркор, ки вай ба нафақа барояду баъд ҳар мо 200 ё 300 сомонӣ бигирад. Ин корҳо барои Зардиев 2х2. Як занги Зардиев бас, масъалаи пенсия ҳал мешавад.»

Ҳамаи заминҳои деҳаи НКВД-Инкеведеро як нафар бо номи Кураев Турақул аз Абдуҷаббор Зардиев “оптом”харид. Аммо Абдуҷаббор Зардиев ба Кураев Турақул ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дода будааст. Аз байн 2 ё 3 сол гузашта буд, ки Абдуҷаббор Зардиев боз  заминҳоро аз дасти Кураев Турақул бо чи роҳе кашида гирифт

Дар дехаи Офтоблиқо Сафаров Рамазон  аз Зардиев як сола замин харид-1 гектар 200 доллар. Як замини санглохи пуралаф. Зардиев худаш ин заминро ҳеҷ чиз кишт намекард-замини партовӣ. Сафаров Рамазон бо меҳнату заҳмати зиёд дар ин замин пахта корид. Пахта омода шуд. Сафар Рамазон мехост, ки пахтаро бурда дар дигар ҷо бо нархи баландтар фурушад. Аз Абдуҷаббор Зардиев пинҳонӣ пахтаро чинда тайёр кард. Мехост, ки соатҳои 2-и шаб пахтаро ба харидор дастрас кунад. Аммо аз шипанги нигаҳдории пахта як каме дуртар  мошинҳои писарони Зардиев ва милисаҳои ҷамоати  Зиракӣ камин гирифта интизори он буданд, ки мошинҳои пахта барояду онро дастгир кунанд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Сафаров Рамазонро аз хонааш дуртар қапиданд. Вай ба сардори милиса  мефаҳмонад, ки “ман налоги заминро супоридагиам, қарздор нестам ва тибқи қонуни давлат метавонам, ки пахтаамро дар ҳар куҷо, ки бихоҳам фурушам”.

Сардори милиса ҳолатро фаҳмиду хост,ки Сафаров Рамазонро озод кунад. Аммо Набӣ Зардиев  сардори милисаро рӯирост таҳдид карда гуфт,ки “занатро фалон мекунам”. “Ту ҳозир бе ягон фикр Сафаров Рамазонро дастгир карда ба шӯъбаи Зиракӣ мебарӣ”. Муҳим пахтаи ӯро гирифтанд ва вазъияти Сафаров Рамазонро вазмин карданд.

Падари Сафаров Рамазон то солҳои наздик бригадир кор мекард. Вай ба Абдуҷаббор Зардиев занг мезанад. Дар ин вақт  Зардиев дар Олмон буд. Ин бригадири бечора занг зада зораву тавалло мекунад. Зардиев мегуяд, ки ман худам ҳал мекунам. Аммо ҳам пахтаро мусодира карданду ҳам Рамазон Сафаровро 30 ҳазор ҷарима карданд. Абдуҷаббор Зардиев боғчаи бачагонаи деҳаи Комсомолро фурӯхт. Ҳамин тавр боғчаи бачагонаи деҳаи Чапаевро низ. Боғчаи бачагонаи деҳаи Офтоблиқоро як маротиба ба маблағи 120.000 доллар фурӯхт ва онро бозпас гирифту 115.000 долларро баргардонд ва 5.000 долларро надод, дар ҷайбаш зад. Ҳоло ин “садик”-ро боз  ба фурӯш гузоштааст. Замини гараж-мошинсарои деҳаи Комсомолро барои ҳар як сотих аз 15 то 20.000 сомонӣ гирифта фурӯхт. Ҳамин тавр гаражи деҳаи Зиркаиро ҳам ба савдо зад. Замини хирманҷои деҳаҳои Офтоблиқо, деҳаи Сангпарто ва Чоҳтемро ҳам фурӯхт.

Заминҳои обии деҳаҳои зеринро диққат диҳед:

1) Тоқакапа,

2) Навободи Боло,

3) Инкеведи,

4)Комсомол,

5)Чапаев,

6) Лақаё,

7) Чоҳтемр,

8) Ҷангалбошӣ,

9) Корез,

10) Навобод поён,

11) Сангпар,

12) Офтоблиқо,

13) Зиракӣ,

14) Хуҷайсоқ,

15) Черкала ва боз деҳаҳои куҳӣ ҳамагӣ аз они Абдуҷаббор Зардиеванд.

«Замини мактаба №15 деҳаи Комсомолро тақсим карда истодаанд. Абдуҷаббор Зардиев як қисми заминро ба бародараш дод, боқимондаашро оҳиста- оҳиста фурӯхта истодааст.»

Як қисмашро ба бародаш мулло Иброҳим, қисми дигараш ба Ҳасан, ошхонаи мактаб  ва саҳнашро ба Ҷамшед дод. Хуллас, ҳар сол аз замини ин мактаб фурӯхта истодааст.    Абдуҷаббор Зардиев дар деҳаи Сайрозии миёна-Комсомол   зиндагӣ мекунад. Заминҳои ҳама агар 8 сотих бошад, аз ӯ бе ҳисоб аст. Хонаи Абдуҷаббор Зардиев зиёда аз 80 сотих аст. Дар  паҳлуи хонаи Абдуҷаббор Зардиев хонаи Абдураҳмон Зардиев воқеъ аст. Замин ӯ бошад аз 40 сотих бештар аст.

15 сол мешавад, ки Абдураҳмон дар ин ҷо зиндагӣ намекунад.    Вай дар деҳаи Зиракӣ зиндагӣ мекунад. Дар онҷо як қасри боҳашамат дорад. Танҳо утоқи хобаш 30 адад аст.

Дар давоми хонаи Абдураҳмон Зардиев дар деҳаи Сайрозии миёна хонаи Бахтиёр Зардиев воқеъ аст. Хонаи вай ҳам зиёда аз 40 сотих аст.

Бинобар гуфтаи мардум Бахтиёр Зардиев “леви” омадагӣ аст. Барои онки Абдуҷаббор Зардиев ҳеҷ чизро ба ӯ “доверия” намекунад. Абдуҷаббор Зардиев барои Бахтиёр Зардиев хонаи боҳашамат сохт. Ҳозир бошад дар тақсими заминҳо Бахтиёр Зардиев ҳам саҳм дорад. Бахтиёр Зардиев бо кору бори бригадирони пахта саргардон аст. Абдуҷаббор Зардиев ягон вазифа ба Бахтиер Зардиев надод. Бахтиёр Зардиев як алкаши тайёр аст. Аслан ҳамаашон сар карда аз худи Абдуҷаббор Зардиев то писарону набераҳояш ҳамаашон алкашанд ва арақ мезананду аз помидор ҳам сурхтар мешаванд.

Дар давоми хонаи Бахтиёр Зардиев бошад хонаи Абдусаттор Зардиев воқеъ аст,ки он низ аз 40 сотих  зиёд мебошад. Вале ин Абдусаттор пештарҳо бо Жигулии 07 мегашт ва агар бинӣ намегӯӣ, ки ин қадар боигарӣ дорад. Баъдҳо Нива гирифт ва ҳоло бо Опел-Астраҷӣ мегардад. Аммо ҳар сол ҳаҷ меравад.Ин қадар пулро аз куҷо меёфта бошад?

Дар деҳаи Офтоблиқо як зан бо номи Гулина -духтари бобои Назар рӯ ба рӯи хонаи Бахтиёр Зардиев зиндагӣ мекунад. Ин духтар маъшуқаи Бахтиёр Зардиев аст. Вай ин духтарро истифода мебарад.

Акаи Гулина аз Москва як духтари русро зан карда буд. Беҳад ин зани рус духтари хуб ва коргар буд. Инҳо гову моли  зиёд доштанд. Аз бобои Назар боқимонда буд. Кору бори хона ва гову мол ҳамааш ба дӯши ин зани рус буд. Як рӯз Бахтиёр  Гулинаро ба дамгирӣ мебарад ва баъд аз Гулина илтимос мекунад, ки зани акаат ба ман маъқул шуд- яъне ин зани рус. Аввал Гулина розӣ намешавад. Аммо баъд розӣ мешавад ва ин зани русро ба Бахтиёр Зардиев “туғрӣ” мекунад.

Як чизи дигар ин аст ки Зардиев бо писарону набераҳо ва ҷиянҳояш ба зану духтарони мардум бо чашми шаҳват менигаранд ва ба онҳо кадом духтаре маъқул шавад, тамом. Як бало карда ӯро таҷовуз мекунанд. Инҳо танҳо рӯзҳо занҳои худашонро мебинанд, шаби дароз дар шикори занҳои бегона ҳастанд. Духтароне, ки аз занҳои худашон 20 — 25 сол хурд бошадро шикор мекунанд, ҳеҷ вақт бо занҳои худашон хоб намекунанд.

«Шуъбачаи милисаи ҷамоати Зиракӣ танҳо заминҳои пахтаву  пиёзу ҷуворимаккаву гандум, юнучқа ва заводу фабрикаҳо ва фермаҳои Абдуҷаббор Зардиевро посбонӣ мекунад.»

Ман саддарсад бовар дорам, ки Абдуҷаббор Зардиев як сомонӣ барои “свет” намедиҳад. Қарзҳои шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб аз заводу фермаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии Зардиев аст.

Худи Абдуҷаббор Зардиев ва писаронаш Абдураҳмон Зардиев, Бахтиёр Зардиев ва ҷиянаш Абдусаттор Зардиев дар деҳаи Комсомол ва боз дар Зиракӣ хонаи дигарии Абдураҳмон Зардиев боз ду ферма, як завод, як заправка дар деҳаи Лақаё, ки ҳамаи инҳо нерӯи барқ истифода мекунанд. Инҳо даромади моҳонаашон аз 2 миллион бештар аст, аммо пули “свет”-и давлатро намесупоранд. Налогро,ки тамоман як тин намедиҳанд.

«Аз тани инҳо халқи камбағали Кӯлоб пул месупорад. Вақте аз нозири барқ мепурсӣ, ки ин “бақия”,ки мегӯӣ аз куҷост? Дар ҳоле ки ман қарздор нестам, ин қарз дар “счетчик”-и ман аз куҷо омад, дар ҷавоб мегӯяд,ки ин пул аз “бақия” мондагӣ аст. Аммо ин як дурӯғи дигар аст, ки корманди давлат мардуми Кулобро фиреб медиҳад. Хуласи гап Зардиев Абдуҷаббор бо авлодаш барқро масраф мекунанд як дирам намедиҳанд. Пули масрафи кардаи ӯ ва оилаву заводу иншоотҳои ӯро мардуми камбағал яъне ҳамон “бақия” е нозири барқ мегуяд медиҳанд. Агар касе садо баланд кард вазъияташ муташанниҷ мешавад.»

Эмомалӣ Раҳмон бо як фармон деҳқонон ва воҳидҳои кишоварзии мамлкатаро аз пардохти андози замин, ба сабаби коронавирус озод кард. Аммо ин фармони ӯ ба Абдуҷаббор Зардиев тамоман дахл накард. Чунки ӯ аз мардум маҷбурӣ андози замин гирифт.

Барои ҳамин аст  ки хелеҳо дар Кулоб мегуянд, ки вақте Зардиев гуфт, ки “аз Данғара ин тараф Ҷаноб ман мебошам ва зури ҷанобат бо ҳама аҳлу оилааш ба ман намерасад”, рост гуфта будааст.

Вақте  Шариф писари Зардиев аз дунё гузашт, ягон кас дар тӯю хурсандиаш базм намекард. Барои онки писари Зардиев аз дунё гузашт ва ҳама чашми тарс дошт. Баъди аз байн рафтани Шариф 6 моҳ гузашт. Якумин одам базм ташкил кард ва он ҳам  танҳо бо диску магнитофон.

Як шаби Соли Нав дар маркази деҳа пеши магазин мо ҷавонҳо  зиёда аз 50 нафар будему рақсу бозиву хурсандӣ мекардем. Дар  ин вақт Зардиев Бахтиёр-як писари дигари Зардиев  бо як чоплусаш омада ҳамаро сур карда асбобу анҷоми мусиқиамонро дар замин зада шикаста худи моро дашном кард. Касе чизе гуфтан натавонист. Ҳоли Кӯлобу кӯлобиҳо ҳоло ҳамин аст.

Ва, муҳимтарин нукта, ки бояд тамоми мардум ва бахусус кӯлобиҳо огоҳ бошанд ин аст ки Абдуҷаббор Зардиев ҳар сол ба Эмомалӣ Раҳмон як дипломат сум мебарад. Барои ҳамин ин қадар дағдаға ва карру фар мекунад. Дар як круги худаш гуфта будааст:

“Эмомалӣ суми гуфтагиша мегирад аз ман ва дигар ҳақ надорад ба ҳеҷ кори ман дахолат кунад. Ма читарие мекунм, комера мезанм, мекушм, турма мекунам доляша вақтшда бурда мерасонм. Фаҳмиден ма чи мегум? Яъне раиси шаҳр ва ҳама ҷамоатҳо бо милеса, амниятшам и минтақада мара итоат бояд кунанд.”

Зардиев ҳоло 70 сола шудагӣ аст. Дилкасал аст. Дилаш як бори дигар занад тамом. Вале агар сад соли дигар ҳам умр бинӣ маро ёфта наметавонӣ. Шумо барои пайдо кардани ман ин қадар пули калон ҷоиза мондаед. Агарчи ин маблағи шояд ду-се рӯзаи Шоҳрух Зардиев ва рафиқонаш бошад, ки барои зинову фаҳшо сарф мекунад.

Аммо иншоаллоҳ, маро намеёбӣ. Ман чунон бо ту наздикам, ки баландтар гап занӣ, мешунавам.

Зардиевҳо! Шумо ин ҷоизаро барои шарманда кардани худатон эълон кардед. Ончи мо аз ҷиноятҳои шумо гуфтему навиштем рост аст. Шумо метарсед, ки идомаи ҷурму ҷиноятҳои шумо ифшо нашавад, вале ҳатман ошкор ва фош мешаванд.

Поёни бахши дуввум,давом дорад бо “Ислоҳ” бошед,то аз ҷиноятҳои дигари Зардиев Абдуҷаббор огоҳ гардед!

Ps:  Шарм бод ба раиси шаҳри Кулоб ,ба раиси амният ва раиси ШКВД и Кулоб. Ин ҳама зулм ва ситамро мебинед ва ҳазорҳо шикояти мардуми мазлумро мегиред чаро чора намебинед? Ҳеҷ коре аз дастатон бар намеояд. Наход як писари Зардиев раиси милесаро дашном кунад вале ӯ боз оромона ӯро гуш кунад. Шумо номус доред? Ё номусҳои шуморо Зардиев поймол кардааст?  Мебинем пас аз нашри матлаби дуввум чи тағйироте дар Кулоб мешавад ва чи чораҳое меандешед. Агар бе номус ва бе салоҳият бошед пас дигар фаҳмо аст ҳамааш, Зардиев “Ҷаноб” атон будааст ва шумо нукарони ӯ будаед! Мардуми ғаюри Кулоб пас аз нашри матлаби дуввум бояд якдилона ба ин ноадолатӣ хотима бахшед. Ҳамон 17 деҳа ба кулли садо баланд кунанд дигар кофӣ аст. Восеъ қаҳрамони миллиямон барои дақиқан чунин амалҳо ба по хеста буд.

Кулобиҳои гиромӣ аз Зардиев натарседу наҳаросед. Шумо танҳо ҳар амалкарди хилофи қонуни ӯ ва писару набераҳояшро дидед ба “Ислоҳ” нависед. Ин матлабе мебинед маълумоти кутоҳ кутоҳ аз 21 нафар мебошад. Фикр мекунед барои ин 21 нафарро пайдо кардан 21х30,000 =630   ҳазор доллар медиҳад Зардиев Абдуҷаббор ? Ҳаргиз ин кор шудани нест ва интизори адади бештари маълумот аз шумо ҳастем. Инро низ бояд донед, ки мо ҳамаи маълумоте мефиристед онҳоро аз шахси наздики Зардиев тасдиқ мекунем ва сипас онро нашр мекунем. “Ислоҳ” ба касе туҳмат намекунад ва сидқу ростии ҳар маълумтро диққати ҷиддӣ медиҳад.  Ҳаргиз натарсед ӯ касеро намеёбад, чунки зулмаш ба ҳама мардуми Кулоб расидааст ва касе ӯро эҳтиром ҳам надорад.

Сообщение Абдуҷаббор Зардиев: « Аз Данғара ин сӯ ман «Ҷаноби Олӣ»-и Кӯлобам» появились сначала на ISLOH.net.