Архивы Завқибек Сайидаминӣ - ISLOH.net

Ҷашни матбуоти ноозод: «таваҷҷуҳи мардум ба «Ислоҳ» бештар аз нашрияҳои дохилӣ»
Имрӯз -11 март, рӯзноманигорони Тоҷикистон иди касбии худ, Рӯзи матбуоти тоҷикро ҷашн мегиранд. Ҷойи аввалу, ҷойи дуввуму ҷойи саввумро таъйину ташхис мекунанд, барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро эълон медоранд. Яъне кору амалеро, ки ҳар солу ҳамасол иҷро мекунанд. Аммо савол инҷост, ки аз ин сол то ба соли дигар матбуоти тоҷик ва рӯзноманигорони он рушду пешравӣ доштаанд, шумораи нашрияҳову радиои телевизион афзудааст, нақши васоити ахбори омма дар ҳаёти кишвар тақвият ёфтааст, хуллас, журналистикаи тоҷик дар чи вазъу ҳолат қарор дорад?

Бо камоли таассуф наметавонам бигӯям, ки «бале, ҳама о,кей аст», журналистика ва журналистони тоҷик қишри бисёр ҳам бонуфуз ва муассири ҷомеи кишвар мебошанд, ҳарфу гуфтори онҳо шунида мешавад, нақши онҳо дар рафъу бартарафсозии навоқис ва камбуди ҷомеа хеле ҳам назаррас ва калон аст.

Шумо, худо шоҳид аст, аз онки аз деҳаҳои дурдаст, аз шаҳрҳои кишвар барои «Ислоҳ» номаҳо менависанд, шикоят ва арзу дод мекунанд, бовар кунед, хушҳолу хурсанд нестам. На, ин тавр, ки барои мо нанависанд, беҳтар аст, на, ин тавр нест. Бигзор барои мо бештару бештар бинависанд. Чунки ҳар як нома ва ҳар як арзу шикояти мардум, ки ба «Ислоҳ» ва Муҳаммадиқбол меояд, тире аст ки ҷигари Раҳмонов ва дорудастаи вайро шикоф ва сӯрох мекунад. Онҳо, аз шиддати, аз як сӯ рашку ҳасодат, ки чаро мардум ба мо муроҷиат мекунад, дар оташ месӯзанд, аз тарафи дигар, аз бими онки ҳамарӯза шумори муроҷеъин ба мо дар ҳоли зиёдшавист, талхакаф мешаванд.

Аммо, мо инҷо ҳамчун як ҳаракати иҷтимоӣ ва нерӯи сиёсӣ ҳузур ва зуҳур дорем. «Ислоҳ» ҳам, агарчи расона ва воситаи ахбори омма аст, вале миссия ва рисолати он бо як нашрия ва расонаи маъмулӣ тафовут дорад. Ана аз ҳамин манзар ва ана барои ҳамин гуфта истодаам, ки хушҳолу хурсанд нестам. Хушҳолу хурсанд нестам барои онки мардум ва ҷомеаи кишвар дар дохили мамлакат як нашрия ва як расонае наметавонад пайдо кунад, ки арзу шикояташро нашр кунад ва ба гӯши мақомот ва масъулин бирасонад. Барои ҳамин аст ки  ба «Ислоҳ» муроҷиат мекунанд ва менависанд. Ва «Ислоҳ» танҳо ба расонае табдил шудааст, ки ҳамроҳи мардум ва дар канори мардум аст ва бо ифшову изҳори шикоёти мардум мақомот ва масъулинро водор мекунад, ки пайи шунуфту расидагии ин шикоятҳо бошанд. Ҳадафи ташкил ва роҳандозии барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо» ва «Номаи маро алоҳида нашр кунед» ҳам ҳамин ҳамроҳӣ бо мардум аст. Агарчи мо медонем, барои мардум навиштан ба «Ислоҳ» сахту гарон меафтад, рисолати матбуотро бар ӯҳда гирифтаем.

Дар ҳоле, ки ин ҳама шикоят, ки аксарияти мутлақи онҳо ҷанбаъи иҷтимоӣ  доранд боястӣ дар матбуоти дохили кишвар нашру чоп шаванд ва матбуоти кишвар ҳамгому ҳамроҳи ҷомеа бошад. Маъаласаф, ки ин тавр нест, балки журналистони тоҷик рӯзи иди касбиашонро дар вазъияте таҷлил мекунанд, ки ҷони зинда ва солим дар майдони матбуот дар Тоҷикистон намондааст.

Ин режими нобакор ҳанӯз аз оғози фаъолияташ бо матбуот ва журналистика мушкил дошт ва бархӯрди хасмона ва хушунатомез мекард. Инҳо (ин «инҳо» ҳамин режим аст) омаданду журналистика дар Тоҷикистон мисли соири аркони ҷомеаи мардумсолор ва маданӣ маҳву нопадид гардид. Нашрияҳои озоде назири  “Сухан”,“Растохез”(Дунё),”Адолат”, “Наҷот”“Чароғи рӯз”, “Минбари ислом” ”Ҳафтганҷ”,“Ҷоми ҷам”,ки дар кишвар то омадан  «инҳо» фаъолият мекарданд аз байн рафтанд.

Инҳо даҳҳо хабарнигорро куштанд, зиндонӣ ва  фирорӣ карданд ва ин корашон ва ин тарзи муносибаташон то ба имрӯз идома дорад, тағйир накардааст.

Солҳои баъд журналистони тоҷик боз ҳам нашрияҳое ҳамчун  “Нерӯи Сухан”,”Оламу одам”ва“Рӯзи нав”  таъсису ташкил доданд. Дертар дар арсаи матбуот «Миллат», «Фараж» “Нигоҳ”, ва  “Озодагон”  қадам ниҳоданд.

Аммо «хиради азалӣ»-и  «пешвои миллат», пешвои худхонда (самозванетс») тобу таҳаммул накард ва  ҳамаро яксара қатъ намуд. Ва ҳоло даҳҳо тан аз хабарнигорони беҳтарини ин миллат дар дори ғурбат ва берун аз ватан ба сар мебаранд. Онҳо паноҳандаанд.

Ва чандин нафар аз журналистони тоҷик ба шумули Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов,  Хушом Ғулом,   Далери Имомалӣ,  Улфатхоним Мамадшоева ва ахиран Аҳмади Иброҳим аз 7у 10 то ба 20 сол зиндонӣ шудаанд.

Бале, ҳар фарди огоҳ ва бедордили ҷомеаи Тоҷикистон аз муносибату муомилаи Раҳмонов бо матбуот воқиф аст ва медонад, ки ин режим бо онки бо дуздиву ғорати мардум машғул аст, ҳиҷ намехоҳад, ки хабаре аз он ба берун дарз кунад. Муносибати дастандаркорони бахши идеологии он бо «Ислоҳ» дар ин чанд соле, ки дар хориҷ аз кишвар фаъолият дорем борҳо тағйир кард. Аз ҳамон оғоз то ба имрӯз талош доранд, ки муассис ва роҳбари он, ман Муҳаммадиқболи Садриддинро дастгир кунанд ва баранду зиндон кунанд. Аммо, як чизро бояд бидонанд, ки бо ҳатто ба ҳадаф расиданашон, ки ин шо Аллоҳ нахоҳанд расид, боз яке чун ман ва шояд даҳҳо ва садҳое чун ман вориди корзор мешаванд.

Дар ҳамин ду-се соли ахир фабрикаи ҷавоб бо усулу методҳои мутааддид талош кард, ки моро биуфтонад. Як вақт буд, ки солҳои 2022-2023 аз мақомоти ҷамоату ноҳияву шаҳру дигару дигар ба барномаҳои «Минбари муҳоҷир» ворид шуда ҳамлаҳои густардаеро алайҳи мо шурӯъ карданд. Аммо яке кадом ақлакаш фаҳмонд, ки шумо ин корро накунед, чун бо дастони худатон онҳоро бузургу барҷаста карда истодаед ва ҳамзамон фабрикаи ҷавоб ҳам шабурӯз маводи бадномкунанда чоп мекард.

Яке буд, ки комилан хапу хомӯш шуданд. Гӯё дигар «Ислоҳ»-е вуҷуд надорад. Аммо боз ба ин натиҷа расиданд, ки на, набояд бепосух гузошт ва ҳоло аз соли гузашта ба ин тараф боз ҳам матолибу маводи бадномкунанда зидди «Ислоҳ» ва муассиси онро ҳамарӯза нашру пахш карда истодаанд.

Ман чи гуфтаниам? Ман гуфтаниам, ки дуздро то дузд нагӯӣ ва нашиносонӣ, номаълуму ноаён боқӣ мемонад. Ҳоло «Ислоҳ» аст ки ин дуздро пайваста мегӯяд, ин дурӯғро ифшо ва ошкор мекунад.

Аммо, боз ҳам мегӯям, ки матбуоти дохилӣ, нашрияҳои Тоҷикистон ҳадди ақал аз ифшову бозтоби камбудиҳои иҷтимоӣ, ки ба Раҳмонов ва оилаи вай муртабит нест, масалан ба домсоз марбут аст, масалан ба беморхона марбут аст, масалан ба мактаб марбут аст иҷтиноб наварзанд. Вагарна аз будани онҳо чи суд? Беш аз пеш хонанда ва майдони худро аз даст медиҳанд.  Нороҳатӣ, норозигӣ ва нигарониҳои мардумро бояд бигӯянд. Мо намегӯем ва исрор намеварзем, ки барои мисол Абдулло Роҳнамо, ки Раҳмоновро тавсиф карда метавонад чаро танқид карда наметавонад? Дар вақташ матбуот Қаҳҳор Маҳкамовро танқид мекард, Раҳмон Набиевро танқид мекард, чаро ҳоло фақат таъриф мекунад. Роҳнамо ҳозир сармуҳаррири нашрия аст. Бигзор танқид ҳам кунад.

Масалан мушкили мусофирбарӣ дар Душанберо магар гуфтан мамнӯъ аст. Мо мавзӯъҳои табу барои матбуоти тоҷикро медонем. Бигзор онро дар ихтиёри мо гузоред.

Мо, аз фашҳу фаҳшои духтарҳояш ҳам мегӯем аз домодҳояш ҳам мегӯем аз Муҳибулло номард бошаму зинда бошам, аз Ҳасани ишкамбаи дузд, аз Шмсулло, аз Зоири наркобарон, хуллас аз онҳо мегӯем ва гуфтанро идома медиҳем. Аммо шумо маслан аз КЖКП, аз хадамоти таксӣ, аз бебарқӣ, аз партову, аз пулгирӣ дар бемористону мактабҳо гӯед, чи мешавад?

Бори дигар гӯшрас мекунам, ки фикр накунед, ки ман хурсанд ё қонеъам, ки аз як ноҳияи дур менависанд ва ба Муҳаммадиқболи Садриддин санову сипос мекунанд, ки «як шумо ҳастед». Ин «як шумо» танҳогии ман фоҷиа аст, ин мусибат аст. Набояд як ману Ислоҳ бошем. Бояд бисёр бошем.

Сукут ва тарсуии мо моро ана ҳамин тавр маҳдуд ва кам кард. Матбуот ба як ҳисобу ба як назар миёнарав миёни ҳукумат ва ҷомеа аст. Ҷомеа ва афкори иҷтимоӣ пуштивона ва тавону иқтидори матбуот аст. Ҳарчи қадар, ки сокит бошем, ҳар чи қадар ки дар мавқеъи Абдулло Роҳнамо биистем болои мо зӯр ва қулдур мешаванд. Набояд гӯшамонро кар, чашмамонро кӯр кунем. Бояд бигӯем. Матбуот бояд бигӯяд

Барои ҳатто ҳамин ҳукумати қулдури иқтидоргаро агар нашрия муҳим ва зарур набуд масҷидро маҷбур намекард, ки обуна бишавад.

Дуруст аст ки матбуотро чашми дидан надорад, аммо матбуотеро, ки Абдулло Роҳнамо бошад истиқбол мекунанд

Шумо, журналистони муҳтарами тоҷик бо нашру дарҷ ва инъикоси масоилу мушкилоти мардум дигарбора ҷойгоҳи аздастрафтаи матбуоти тоҷикро барқарор мекунед.

Бубинед, як нафар, ки барои мо менависад, огоҳ аст ки навиштан барои мо барояш хатарнок аст, аммо хатарро ба ҷон мехарад ва менависад? Чаро? Чунки матбуотро беҳуда ҳокимияти чаҳорум намегӯянд. Он нафар ҳамаҷо рафт, аммо мақсудаш ҳосил нашуд ва омад пеши матбуот.

Оё ҳамин имрӯз дорем ҳамин гуна нашрия ва расона, ки як нафар аз пулгирии кормандони зиндон, аз шароити бади зиндон бинависад, чоп кунад? Инҷо на номи Эмомалӣ, на Азизмо, на Рустам, на Озода, на Рухшона ва на Ҳасану Зоиру дигару дигараш нест, ку? Шумо чоп намекунед ва он нафар ночору ноилоҷ ба «Ислоҳ» муроҷиат мекунад. Мо дидем ва санҷидем, ки бо вуҷуди онки моро хоин мехонанду Ислоҳро ифротгаро аммо ба навиштаҳои мардум дар сомонаи мо вокуниш мекунанд, расидагӣ мекунанд.

Ростӣ, мо даҳҳову садҳо хабару маълумотҳоро фақат ба хотири онки ба нависанда зарар мерасад, чоп намекунем ва гоҳе дигар ба воқеияти онҳо машкук мешавем ва мутаассифона имкони санҷидани онҳоро на ҳама вақт дорем. Аммо шумо, ки «хоин» нестед, бо шумо ҳамкорӣ «ҷиноят» ҳисоб намешавад, чаро мунташир намекунед?

Ҳамин чанд рӯзи пеш ду хабар дар оҷонсии Ховар хондам. Ва дар тааҷҷуб афтодам.

Якеаш он буд, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи чоруми март ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик як конфаронси илмӣ-амалӣ зери унвони «Нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ва рушди фарҳанги миллӣ» доир шудааст ва дар хабар омадааст, ки «Зимни конфронс иброз гардид, ки матбуот яке аз рукнҳои муҳимми сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа мебошад, ки агар бо риояи усулҳои неки рӯзноманигорӣ нашр шавад, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҷаҳонбинии мардум нақши амиқ мегузорад.

Дар хабари дигари ҳамин хабаргузорӣ омадааст, ки Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба  Рӯзи матбуоти тоҷик (11 март) таҳти унвони «Рушди матбуоти тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ» конференсия баргузор гардид: «Матбуоти даврӣ ва фазои иттилоотӣ марҳила ба марҳила аҳамияти бештар касб намуда, имрӯз ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеа табдил ёфтааст».

Дар хабари аввал Ховар зикр шудааст, ки  «Имрӯз дар майдони матбуоти мамлакат беш аз 600 рӯзномаю маҷалла, аз ҷумла нашрияҳои расмӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ ва соҳавӣ ба табъ расида, бо инъикоси мавзуъҳои гуногун дар огоҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти соҳаҳои гуногуни мамлакат саҳми босазо мегузоранд».

Аммо ҳанӯз ду соли қабл маълум шуда буд, ки ки теъдоди расонаҳои чопӣ дар Тоҷикистон беш аз 50 дар сад кам шуда, мизони маҳбубияти онҳо дар миёни мардум поин рафтааст. Гуфта мешавад, ки адади матбуоти хусусӣ 166 дарсад кам шуда, шумораи онҳо аз 264 дар соли 2021 ба 63 номгӯй дар соли 2024 коҳиш ёфтаааст. Бар хилофи расонаҳои суннатии касбӣ, мухотабони шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон зиёдтар шудааст.

Хуб, дар соли гузашта ҳам ин шумора боз ҳам коҳиш ёфт. Чаро? Чунки матбуоти даврии Тоҷикистон беш аз гузашта  камҷону камқудрат мешавад, балки ба ҷисми беҷон дорад табдил меёбад.

Ҳамин нишастҳои матбуотии ахири мақомотро як бор назар афканед, ки мақомот бо журналистон чи гуна муносибат карданд. Масалан вазир ба журналист мегӯяд, ки ту як савол додӣ бас ва ё мегӯяд, ки инро аз ман напурс.

Агар ба ҳамин минвол идома пайдо кунад, барои журналистикаи тоҷик  мешавад марсия бихонд. Набояд гузошт, ки барои мо марсия бинависанд.

Ман мехоҳам, ки ранги «Ислоҳ» даҳҳову садҳо расона амал кунад, ки ҳамроҳу ҳамгоми мардум бошад ва аз ин ҳарфҳо, ки «танҳо шумо мондаед, шуморо ҳамчун умеди охирин ҳисоб кардем», набошад беҳтар аст.

P.S.
Миёни матбуоти тоҷик имрӯз таъсири «Ислоҳ» хеле бузург аст. Инро ҳам хонандагон мебинанд ва ҳам худи мақомот эҳсос мекунанд. Ҳар матлабе, ҳар номае, ки дар «Ислоҳ» нашр мешавад, дар ҷомеа садо медиҳад ва ҳатто онҳое, ки моро танқид мекунанд, маҷбуранд онро бихонанд ва пайгирӣ кунанд.

Аммо мо ростӣ як орзу дорем: мехоҳем «Ислоҳ» дар дохили кишвар амал кунад, на дар хориҷ. Ҷойи табиии як расона ва як минбари озод дар миёни ҷомеаи худ аст, дар дохили кишвар, дар паҳлуи мардум.

Хабарнигор бояд озод бошад, на зиндонӣ. Вақте даҳҳо журналист зиндонӣ ва боқӣ дар муҳоҷирату паноҳандагӣ қарор доранд матбуот чигуна бояд рушд кунад?

Вале то замоне ки низоми ҳозира вуҷуд дорад ва матбуот озод нест, чунин имконият фароҳам намешавад. Барои он ки матбуоти тоҷик воқеан озод бошад ва расонаҳо дар дохили кишвар озодона фаъолият кунанд, пеш аз ҳама бояд ин низом ва сиёсатҳое, ки матбуотро хомӯш кардаанду дар хафақон қарорашон додаанд, тағйир ёбанд.

Он гоҳ на танҳо «Ислоҳ», балки даҳҳо ва садҳо расонаҳои озод метавонанд дар дохили кишвар фаъолият кунанд ва матбуоти тоҷик дубора ҷойгоҳи ҳақиқии худро дар ҷомеа пайдо намояд.

Сообщение Ҷашни матбуоти ноозод: «таваҷҷуҳи мардум ба «Ислоҳ» бештар аз нашрияҳои дохилӣ» появились сначала на ISLOH.net.

Сарнавишти Генпрокурорҳои собиқ ба Генпрокурори нав сабақ мешавад ё хайр?
Юсуф Раҳмон, ҳамакнун собиқ Додситони кулли Тоҷикистон дуруст дар рӯзе аз мақом барканор шуд, ки панҷ соли қабл, яъне 23 январи соли 2020 барои панҷ соли баъдӣ ба ин мақом таъйин шуда буд.

Дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов қабл аз Юсуф Раҳмон танҳо Бобоҷон Бобохонов, Додситони кулли пешини кишвар буд, ки низ ду панҷсола дар ин мақом дошт додааст. Боқии нафароне, ки дар ин мақом кор кардаанд, Маҳмадназар Солеҳов, Амирқул Азимов, Саломиддин Шаропов ва Шерхон Салимзода пеш аз анҷоми муҳлат ва ё як давраи панҷсола дар ин мақом кор карда буданду тамом.

Аммо, ҳадсу гумонҳо зада мешуд, ки Юсуф Раҳмон дар давраи саввум ҳам курисро ҳифз хоҳад кард, ҳамчуноне СС.Ятимов, раиси КДАМ ва Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ, Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андоз ва Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқа мақому мансаби худро барои беш аз ду панҷсола тавонистанд, ки ҳифз намоянд. Чунки Юсуф Раҳмон ба ҷуз аз онки содиқона ва ба мисоли саги вафодор хидмати Раҳмоновро адо мекард, бо келин кардани Фарзона духтари хурдии Эмомалӣ Раҳмонов, ҳадди ақал то ба расидан ба синни нафақа пояҳои курсии худро мустаҳкам карда буд. Ҳамчуноне, ки Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа танҳо ва фақат барои онки қудо шуд, се навбати панҷсолӣ дар мақомаш, агарчи ин соҳаро ба қафо бурд, то инки пенсионер нашавад дар мақомаш боқӣ монд. Вале дурусту дақиқ Юсуф Раҳмон дар шароите аз мақом барканор шуд, ки байни оилаи вай ва оилаи раиси ҷумҳур ба иллати ҷудоии Сафари писараш аз Фарзона, духтури хурдии Эмомалӣ Раҳмонов сардии шадид пеш омад. Вагарна ҷойгоҳ ва ҳузури Юсуф Раҳмон, беш аз ҳар «силовик»-ҳои дигар дар ҳукумати Раҳмонов тақвият меёфт ва дар дарбор, оилаи Раҳмонов ва худи Раҳмонов тақарруб пайдо мекард.

Эмомалӣ Раҳмонов, ончуноне ҳаводиси чанд соли ахир маълум мекунад ба Юсуф Раҳмон сахт эътимод баста ва ӯро нафари аввали мавриди эътимоди худаш медонист ва он ихтиёроту имтиёзҳоеро, ки пештар ба СС.Ятимов дода буд, ба тадриҷ ба ӯ дод ва дар ҳар ҳарфу сухани вай бовар мекард.

Воқеият ин аст ки  Юсуф Раҳмон ва Бобоҷон Бобохонов, ду нафар аз Прокурорҳои генералие буданд, ки сари даҳҳо тан аз шахсиятҳои муътабар, сиёсатмадорон ва рушанфикронро хурданд ва ин нафарон, ба вижа Юсуф Раҳмон ончунон ҷоннисори Эмомалӣ Раҳмонов шуда буд, ки ба ҷуз аз касби ризои Раҳмонов, фикри дигаре намекард ва сари муе бар адолат, ҳуқуқ ва бар қонун муроот ва тараҳҳум накард.

Инки ин ду тан ҳамин гуна бераҳму ноинсофиро бар адлу дод ва бар рисолат ва масъулиятҳои худ тарҷеҳ доданд, иллат ва сабаби асосии ба ду панҷсола дар сари кор истодани онҳо шуд.

Инҷо, ки ҷои зикраш омад бояд алоҳида ва махсус тазаккур бидиҳем, ки ҳиҷ яке аз Додситонҳои кулли Тоҷикистони ҳукумати сивусесолаи Раҳмонов бо обру аз кор нарафтанд. Агарчи Бобоҷон Бобохоновро ба ҳангоми аз мақом барканор кардан Раҳмонов изҳори сипосаш кард, вале вай, ки то расидан ба сини нафақа ҳамагӣ се моҳаш боқӣ монда буд, дошт дода натавонист ва нафаре, ки пеш аз вай заҳра ва ҷуръат намекард, вориди толори ҷалсаи ҳукумат бишавад, ҳамагӣ чанд моҳи баъд мавриди ҳамлаҳои шадиди «круг»-и Раҳмонов қарор гирифт ва ҳатто писари ӯ Файзуллоро, ки додситони Ҳисор буд, ба зиндон кашиданд.

Бобохонов, то онҷо дардаш карду дард кашид, ки худро дошта натавонист ва дар расонаҳо изҳор кард, ки пушти барканории вай Шерхон Салимзода, ки дар ҷойи вай таъйин шуд ва Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди Олии онрӯзҳои ҳукумати Раҳмонов меистанд ва ошкоро ба худи Эмомалӣ Раҳмонов намёк дод, ки ту ҳам баччаатро дар мансаби таҳти итоатат овардӣ ва руку рост гуфт, ки писараш бегуноҳ ва қурбонии интиқом шудааст:

«Агарчи ҳозир роҳбарияти Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ барои ошкор кардани ҳақиқат монеа эҷод кунанд, аммо оқибати ин кор ошкор мешавад ва ҳақиқат болои об мебарояд, адолат ғалаба мекунад…..

Ин масъаларо метавонед, рафта аз Прокурори генералии ҳозира Шерхон Салимзода пурсед. Чӣ сабаб шуд? Мумкин онҳо хубтар донанд, ки ин ҷо ҳарфи қасду қасос аст ё чӣ? Худашон мумкин медонанд. Ҳар кас фарзанди худро дӯст медорад. Мумкин богуноҳ бошад, ҳамеша бегуноҳии ӯро дастгирӣ кунад. Лекин ба ин дараҷа қасосгирӣ ба касе даркор набуд….

Агар қонунро гирем, онҳоро тағйир ҳам доданд, дигаргуниҳо дароварданд. Коррупсия дар он ҳолат мешавад, ки падару писар, акаву додар, шавҳару зан дар он корҳое кор мекунанд, ки ба ҳам тобеъ ҳастанд ва аз ҷиҳати моливу пулӣ аз ҳамдигар вобастагӣ доранд. Агар ки ман хато карда бошам, имрӯзҳо ин хатоҳо намешаванд? Онҳоро ҳам дидан даркор».

Нахустин Прокурори генералии давраи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов Маҳмадназар Солеҳов буд, ки солҳо баъд ёғӣ ва мардуд шуд ва ниҳоят дар даруни манзили зисташ ва дар пеши писарбаччаи хурдсолаш ва дар рӯзи равшан бо тири туфанг аз тарафи Абдураҳмон Бузмаков, ҳоло Аламшозода, ки он вақт сардори милисаи Душанбе буд, кушта гардид. Вай, раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроя Президент (ду бори се солӣ) ва вазири дохилӣ таъин шуда ва аз мансабдорони зинуфуз ва наздики Раҳмонов ва оилаи вай ба ҳисоб мерафт. Аммо ӯро дар талоши анҷоми табаддулот бо пуштибонии Узбакистони даврони Ислом Каримов, иттиҳоме, ки эълон нашуда буд, муттаҳам карда ва дастури «безарар» гардониашро содир кард. Ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Генпрокурорҳои дигари баъди вай Амирқул Азимов ва Саломиддин Шаропов, ду нафар аз ғайрикулобиҳо низ, агарчи дар хидмати Раҳмонов ҳамеша чухт, пушт дуто ва дастҳо пеши бар буданд, оқибат бо таҳқиру беэҳтиромӣ ва тард аз дарбор мувоҷеҳ шуданд.

Бачаи Амирқул Азимов барои автоавария ва домодаш бозраси аршади Оҷонси мубориза бо фасод  зиндонӣ карда шуданд. Кореро, ки барои мисол Раҳмонов ба қарибону ҳаммаҳалони худаш ҳиҷ гоҳ накардааст ва раво намебинад. Масалан бачаи Давлаталӣ Саид ва ё Нусратулло Абдуллоев ва ё Амнулло Ҳукумов ва инчунин Фаридуни писари Озода Раҳмонова ва Ҷамолиддин Нуралиев низ бо мошин одам куштанд, аммо ба онҳо чизе нашуд.

Ва ниҳоят худи Амирқул Азимовро ҳам, ончуноне маълумотҳо паҳн гуша буд, бо як шакли безеб аз Шурои амният (дабири он буд) аз кор гирифт ва дигар ҳиҷ гоҳ ба суроғаш нарафт.

Амирқул Азимове, ки дар солҳои сахти ҷанги шаҳрвандӣ Прокурори Генералӣ ва дар хидмати Раҳмонов камар баста буд, ҳамроҳ бо Сафаралӣ Кенҷаев аз бунёдгузорони Фронти халқӣ буд, ки Раҳмоновро сари кор овард ва дар амалиётҳо бар зидди Абдулло Раҳимов, (Муло Абдулло), Мирзо Зиё ва нобуд кардани онҳо ширкати мустақим дошт ва ба унвони яке аз роҳбарони ин амалиётҳо барои Раҳмонов ҷон дар кафи даст гирифта ва дар ҷанги дохилӣ тир хурдаву пояш ланг ҳам шуда буд.

Саломидин Шаропов ҳам, чуноне дар расонаҳо навишта буданд, ҳатто маҷбур шуда буд, ки қотилони писарашро, ки ошкор, боздошт ва муайян шуда буданд аз «сарвайронҳо» ва боевикҳои вобаста ба Раҳмонов буданд аз ҷавобгарӣ озод кунад. Агарчи он вақт ва то ба имрӯз ҳиҷ коре инчунонӣ бе «о,кей»-и худи Раҳмонов амалӣ намешавад, Раҳмонов марҳум Саломиддин Шароповро ба бепринсипӣ ва пулпарастӣ муттаҳам карда- «бар ивази пули калон қотилони писари худро ҷавоб дод» аз мақомаш ронд.

Шерхон Салимзодаро, ки Бобоҷон Бобохонов сабабгори аз мақомравии худ ва бадбахтиҳои писараш медонад низ тавре аз кор гирифт, ки нафас дар гулуяш печид ва дасту пояш карахт шуд.

Агарчи Раҳмонов хуб медонист, ки Шерхон Салимзода як порахури гузаро аст ва қабл аз онки Прокурори Генералӣ бишавад ба ҳангоми прокурори пойтахт буданаш алайҳаш парванда боз карда буданд вале бурду аввал дар ниҳоди навтаъсиси Оҷонси мубориза бо коррупсия раис таъин кард ва аз онҷо боз гирифту Прокурори генералӣ монд.

Вақте фармони аз кор барканории Шерхон Салимзодаро содир кард, Салимзода дар Маҷлиси Миллӣ аз аъзо хост, ки дар матни он илова кунанд, ки «ба иллати анҷоми муҳлати ваколат» аз кор гирифта шуд, чун ҳатто дар матни фармон иллати аз коргирӣ зикр нашуда буд.

Маҳмадсаид Убайдуллов, раиси Маҷлиси Миллӣ хеле ҳам дурушту дағал посухаш дод, ки «президент ба маслиҳати ту намекунад».

Ончуноне мебинед, ҳеҷ яке аз Прокурорҳои генералии ҳукумати Раҳмонов, агарки сала мегуфт, кала меоварданд, на бообру аз кор гирифта шуданд ва на баъди рафтан рӯзи хуш доштанд.

Ба фарқ аз Шерхон Салимзода дар матни фармони аз корравӣ ё барканории Юсуф Раҳмонов «ба сабаби ба кори дигар гузаштан» зикр шудааст, аммо шарти асосӣ, ки «бояд Сафари бачаат бо Фарзона зиндагиро идома диҳад» албатта, ки сабт нашудааст ва хоҳем дид, ки бо вай чи хоҳад кард ва барои мисол то ба синни нафақа расидани Юсуф Раҳмон ҳоло чаҳор соли дигар боқист ва Юсуф Раҳмон барои мисол 59 сола асту прокурори нави таъиншуда Ҳабибулло Воҳидзода 60 сола мебошад.

Раҳмонов тули беш аз се даҳаи ҳукуматаш фақат худаш ва оилааш ва хешу табори худашро дидааст.

Инро бори дигар дар тимсоли сарнавишти ин Генпрокурорҳо шоҳид шудед. Барои мисол ҳамин Бобоҷон Бобохонов буд, ки Ёқуб Салимро шинонд, Муҳаммадрузӣ Искандаровро аз Маска оварду шинонд, Ғаффор Мирзоевро шинонд, Абдуҷалил Ҳомидовро шинонд ва  матбуоти мустақили кишвар масалан Рӯзи нав, Неруи сухан, Оламу одамро басту арзу шикояти соҳибони ин расонаҳоро тамоман ншунид. Чун закази Раҳмоновро иҷро кард, на ҳарфи қонунро.

Бобоҷон Бобохонов аз давраи ҳодисаи куштори Сангак Сафаров, ки прокурори Қурғонтеппа буд корҳоро мепечонд, дар ташкилу сохтани «сфабрикований» делоҳо устод буд. Масалан хуб медонист, ки Ғаффор Седой дар ҳеҷ ҷое яроқҳои баҷоӣ надорад ва он яроқҳо ҳамааш аз они худи Раҳмонов буд, аммо тавре кард, ки ӯро дар табаддулот муҷрим шинохт ва бо дастури шахси Раҳмонов ҳукми умрбод дод. Чунки ба гуши Раҳмонов расонида буданд, ки Ғаффор бо Таҳмина «роман» дорад.

Аммо ҷиноят ва хиёнатҳое, ки Юсуф Раҳмон дар мақоми Прокурори генералӣ алайҳи миллат ва мардуми Тоҷикистон содир кард, ба ҳеҷ ваҷҳ ҳақ намедиҳад, ки бо прокурорҳои пешин муқоиса кард. Юсуф Раҳмонов дар сагигарӣ ба Раҳмонов аз ҳам гузаронд. Бо вуҷуди онки сарнавишту қисмати пешиниёни худро, масалан ҳамин Бобоҷон Бобохоновро ,ки устодаш аст ва Файзуллои писари ӯро, ки рафиқи наздикаш буд, бо чашмони сар дида буд, фақат ва фақат барои қонеъ кунонидан ва розӣ нигоҳ доштани Эмомалӣ Раҳмонов қонунро на инки муроат накард, балки таҷовуз кард, адолатро аз байн бурд.

Аввалин ҷинояти мудҳиш ва ғайри қобили бахшиши вай ин буд, ки алайҳи ҲНИТ парванда боз кард ва бо талаби маҳз ҳамин Юсуф Раҳмон ин ташаккули сиёсӣ террористӣ ва мамнуъ эълон гардид ва роҳбарияти олии он ба зиндон кашонида шуданд. Юсуф Раҳмон, ба унвони Прокурори генералӣ мебоист ин туҳмати бастаи Эмомалӣ Раҳмоновро, ки ҲНИТ-ро дар кудетои дуруғии Ҳоҷӣ Ҳалим шарик донист, намепазируфт. Чунки вай, нозири риояти қонун аст ва ин ҳақро Қонуни асосии кишвар ба ӯ додааст.

Бубинед, ки имрӯз дар Амрико қонун ва прокурору судя ба чи корҳо даст мезананд. Ҳоло, ки Трамп як ҳафта ҳам тул накашид, ки судяҳои чанде аз иёлатҳои болои як фармони вай дар бораи ҳуқуқи шаҳрвандӣ касб накардани бачаи муҳоҷир эътироз карданд ва ин фармон муаллақ шуд. Албатта, мо воқеъбин ҳастем, чунинашро талаб надорем.

Вале бояд ҳифзи мақому мартаба ва каромат, шаҳомат бошад, арзише барои худ ва курсии худ ва шахсияти худ қоил шуд. Прокурори генералӣ ниҳоди назораткунанда аст ва иҷрои қонун ва қонунмандӣ дар кишвар аз ӯ сахт вобаста аст. Муҳим аз ин ҳама ин вазифа ва масъулияти давлатӣ аст на аз они шахс ва аз они Президент. Чоплусӣ, хушомадгуӣ ҳам бояд дар доираи қонун сурат бигирад, на бо нақзу поймол кардани қонун.

Дар давраи ҳеҷ додситони дигаре беҳуқуқӣ, беназоратӣ, қонуншиканӣ дар Тоҷикистон ривоҷ ва равнақ наёфта буд, ки дар давраи Юсуф Раҳмонов сурат гирифт.

Бо туҳмату буҳтон чандин нафарҳоро аз хориҷа ба Тоҷикистон овард, токи табъи Раҳмоновро хуш бисозад. Масалан вақте Суҳроби Зафар, раиси Гуруҳи 24-ро аз Туркия оварду  СС.Ятимов давдав фурудгоҳ рафту аз трап ӯро бардошту СИЗо бурд. Юсуф Раҳмон ба Раҳмонов гуфт, ки «кори СС аз трап то СИЗо аст. Суҳробро ӯ овардааст».

Ҳамин тавр худаш эълон кард, ки бо дастури шахсии вай Абдухалил Холиқзода, нависанда ва раиси бемористони Сино ва нависандаи хушном Абдуқодири Рустам бе ягон асосу далел боздошт ва зиндонӣ шуданд. Ҳамин тавр дар давоми ду-се соли ахири прокурории Юсуф Раҳмонов наздик ба даҳ нафар рузноманигори тоҷик Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон ва Аҳмади Иброҳим – аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд. Мисли онки як навъ ба журналистҳо бадбинии ботинӣ дорад.

Ҳақиқат, чуноне мебинем, дер ё зуд ошкор мешавад. Барои ҳамин бояд адолат ва қонунро ҷаноби Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷойи аввал бигзорад ва дар ҷойи аввал бипазирад, тем более, ки барои Раҳмонов ва ҳукумати вай фурсат кам мондааст. Аммо зиндагӣ идома дорад.

Ба хотир касби ризо ва ширин кардани худ ба Раҳмонов корҳоеро, дурусттараш ҷиноётеро, ки Юсуф Раҳмон алайҳи миллат содир кард, муртакиб шуд муртакиб нашавад, иҷтиноб варзад, бо як роҳу шевае бифаҳмонад, ки оқибати вазнин дорад ва Раҳмоновро мунҳариф созад. Ҷаноби Воҳидзода бубинад, ки Раҳмонов дигар на Бобоҷон Бобохоновро на Шерхон Салимзодаву на Юсуф Раҳмонро суроғашон мекунад. Ин тақдиру қисматҳо бояд сабақ шавад. Фардо дигар дер хоҳад шуд

Ҷаноби Ҳабибулло Воҳидзода инро бидонад, ки Раҳмонов рафтанаш қариб омадаст. Ҳиҷ кас намондааст, ки Раҳмонов монаду то охири дунё бошад. Умрбодии вай бо умри худаш аст, умри дунё нест.

Виҷдону инсоф дошта бошед. Худо ва рӯзи ҷазоро ҳам фаромӯш накунед. Ба буи Раҳмонов худ, хонаводаи худ, ояндаи бачаву фарзандони худро ба хатар нагузоред. Ин ҳиҷ таҳдид нест, ин ёдоварӣ аст ки акнун баъид аст касе аз давру бариҳоятон ва тем более Эмомалӣ Раҳмонов ин гапҳоро бароятон  гушзад кунад.

Ба хотири курсӣ ва мансаби Раҳмонову духтару бачаҳову домодҳои расмиву ғайрирасмияш худро дар муқобил ва зидди халқи Худо ва Худо қарор надиҳед.

Мо таваққуъамон аз Ҳабибулло Воҳидов ин аст ки сабақ бигирад. Сабақ бигирад ва бар асоси қонун кор кунад на закази Раҳмону Рустаму Озодаро бигираду инсонҳои бегуноҳро ба зиндон афканад.

Ҳабибулло Воҳидзода хуб медонад, ки ҳарчи дар Тоҷикистон Прокурор гуяд, ҳамон мешавад ва судҳои мо ҷуръат ва ҷасорати радди ҳарфи прокурорр надоранд. Аз ин ҷиҳат ҳам бояд сахт инсофро нигоҳ дорад. Масъулияти вазнин аст, ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё. Ҳамин тавр буд, ки имоми мо, Абуҳанифа (раҳ) зиндонро, зиндони ин дунёро аз дасти ҳоким қабул кард, аммо ба хотири растагорӣ дар он дунё, ки абадист, мақоми қозигиро аз  Шоҳ напазируфт. Иллаташ ин буд,ки мабодо ман шахсе хасми подшоҳ бошад ва барои ризояти халифа ман ҳукми онро тибқи хоҳиши ӯ содир кунам ва ҳукми одилона содир накунаму Холиқро норозӣ созаму охиратамро хароб намоям.

Юсуф Раҳмон мижааш хам намехурд. Ҳукмро дувойнову севайно медод ба ҳазорон бегуноҳони ин миллат.

Агарчи Юсуф Раҳмоновро ба сабаби ба кори дигар гузаштан барканор кард вале ҳиҷ изҳори ташаккур накард. Ба Бобоҷон Бобохонов барои хидматҳояш изҳори ташаккур карда буд.

Вале Юсуф Раҳмонро гирифту дураш андохт. Акнун он пуштдарониҳои Юсуф Раҳмон ,ки ҲНИТро парвандаи пур аз туҳмат сохта аз ақсои олам хост, террористияш бишиносанд, чи шуд? ҲНИТ, ки ба роҳ баромадаасту Юсуф Раҳмон барканор шуд.

Барканории Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон, қудои последнийи Раҳмонов аз барканории Бег Сабур, сардори Хадамати алоқа, қудои передпоследнийи Раҳмонов фарқ дорад. Бег Сабур 14 сол дар мақомаш истод. Аммо қудои ахираш ин лутфу марҳаматро мушарраф нашуд ва ҳамин тафовут, ки қудои послединияшро шонси сеюм надод, бори дигар тасдиқ мекунад, ки «ҷудо шудӣ,ҷазир шудӣ».

Ҳарфу ҳиҷои ҷудоии Сафари бачаи Юсуф Раҳмон ва Фарзонаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов аз чанд вақт ба ин су дар расона ва нашрияҳои электронӣ чарх мезанад ва мо гуфта будем, ки «эра»-и Юсуф Раҳмон ба интиҳои худ расид, аммо фақат ба хотири онки бадзабонҳо ва бахусус мухолифин мазоҳу масхараашон накунанд, Раҳмонов то вақти интихобот, ки кам монда буд, тоқат мекунад. Аммо Раҳмонов, агарчи тоқат накард, заҳрашро чаконд ва ҳатто Юсуф Раҳмонро маҷол надод, ки ба унвони Прокурори генералӣ гузориши солонаашро дар Маҷлиси Миллӣ ироа бидорад ва ӯро то чанд рузаке ҳам таҳаммул накард ва атояшро ба лиқояш бахшид ва кафшҳояшро пеши пояш гузошт, балки агар ошкортар ҳарф бизанем «як шатта дар пушташ зад»-у Хурюшовгираш карду аз давру бараш сур кард.

Кори худоро бинед, ки Раҳмонов Юсуф Раҳмоновро мисли як ошғол, ки вуҷудаш ҳукумати Раҳмоновро олуда ва бадбу карда бошад, аз кашталаш гирифту дафъаш кард. Вагарна метавонист ранги Бег Сабур, ранги СС.Ятимов, ранги Рамазон Раҳимзода барои навбати саввум ҳам таъйинаш  кунад. Накард.

Ончики маълумотҳо ба мо мерасад, яке аз далоили барканории Юсуф Раҳмон «бадбахту бевашавӣ»-и Фарзонаи духтари кучули бокирааш бошад, далели дигар ин буда, ки «парвандаи табаддулот»-и Акбаршо Искандаров ва Ҳамрохон Зарифӣ маҳсули фантазияи худи Юсуф Раҳмон будааст. Дар амал кадом табаддулоте даркор набудааст. Хуб бубинем, ки поёни ин моҷаро бо чӣ меанҷомад ва Ҳабибулло Воҳидзода, Прокурори нави генералӣ дар ин парванда дигаргунӣ хоҳад кард ё не?

Аммо, агар ки Воҳидзода ҳам ба ҳамин масир роҳ гирифт, вою сад вой ба ҳолаш!

Сообщение Сарнавишти Генпрокурорҳои собиқ ба Генпрокурори нав сабақ мешавад ё хайр? появились сначала на ISLOH.net.

7уним сол ҳукм ба А.Ғурбатӣ, ҳадя ба 70 солагии “пешво”
Нолаву лобаи хонуми Абдулло Ғурбатиро Эмомалӣ Раҳмонов нашунид, намешунавид ва нахоҳад ҳам шунид. Ба мисли ин хонум, ки тоза нахустин фарзандашро ба дунё овардаасту модар шудааст, даҳҳово садҳо модарону ҳамсарони ҳамқисмат бо вай бо умеди додхоҳӣ, ҳақталабӣ ба Раҳмонов рӯйи ниёз оварданд аммо садои онҳо дар гулӯяшон буғӣ ва баста шуданд, шевану шикояти онҳоро нашунид, ки нашунид.

Танҳо Ғурбатӣ нест, ки айнан ва бо ҳисобҳои пешакӣ дар шабурӯзҳои ҷашни таваллуди Раҳмонов қурбонӣ мешаванд. Мисли онки аз ин ҳама Раҳмонов хушаш меояд, хурсанд мешавад. Ва, судяву раиси Суду дигар ниҳодҳои татбиқи ҷазо ҳам ӯро хуб омӯхтаанд, ки бо чи коре мешавад ӯро хурсанд кард. Бо ҷазо, ва он ҳам чи ҷазое, Раҳмонов сахт хушҳол мешавад ва бахусус дар рӯзи таваллудаш- «сюрприз»!  Ёдатон бошад Муҳаммадрӯзи Искандаров, раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистонро ҳам айнан дар ҳамин рӯзи таваллуди Раҳмонов ҳукм содир карда буданд. Метавон боз чандин ҳолату лаҳзаҳои монандро инҷо зикр кард. Аммо ҳоло ин қурбониҳои ҷашни таваллуди Раҳмонов аз Муҳаммадрӯзӣ Искандаров-як сиёсатмадор шурӯъ шуда ва то ба Ғурбатии блогер ҳам расид. Дар ҳоле, ки Искандаров як сиёсатмадор як шахсияти миллӣ буд, ки даъвои курсии раёсати ҷумҳурӣ кард, аммо Ғурбатӣ ҳамааш шуда як рӯзноманигор ва як блогере буд, ки танҳо барои касби маош ва пешбурди зиндагӣ кору амал мекард.

«Озода Раҳмону Рустаму Таҳминаву Рухшонаву Фирӯзаву Сомону Анушервону Парвинаву (бовар кунед, ба гуфтан тамом намешаванд, мухтасар мегӯем, ки қавми яъҷуҷу маъҷуҷ) ҳамон рӯз, ба гуфтаи худи Озода дар пушти дастурхони пур аз файзу сипос нишастанду хурданду нӯшиданду рақсиданд, аммо хонаводаи Ғурбатӣ шоми заҳрогин, ҷомаи кулфат ба бар карданду косаи оби сард ба пеш кашиданд»

7уним сол!!!!  Худоё, худовандо ҳарчи зудтар бигирад шуморо, ки шурашро даровардед, валлоҳ, ки гузаронидед!!! Охир, барои чӣ? Барои кадом гуноҳ? Фаридуни Озодаву Ҷамолиддинро, ки одамро заду кушт, гурезонидед, Амриддин Нахшови ҷияни Азизмоҳро, ки одамро корд зад, ҷарима кардеду раҳо намудед, аммо Ғурбатиро ба 7уним сол шинонидед! Валлоҳ, ки дар бисот ва бутаи шумо аз одамият ва инсонигарӣ заррае боқӣ намондааст.

«Аммо аз тарафи дигар ҳукми Ғурбатӣ шаҳодат ва далелу гувоҳи он аст ки чи қадар ин Раҳмонов касал, залил, забун, оҷиз, заъиф, осебпазир ва дар ҳақиқат ларзону шикананда ва тарсу аст. Ҳар қадар, ки аз замони раёсати Раҳмонов бештар мегузарад, ҳар қадар, ки гӯиё ҳукумати Раҳмонов «ниҳодинатар», мустаҳкамтар ва муҳкамтар мешавад, аммо дар дарундаруни он ба ҳамон андоза тарсу ваҳшат бештар ҷо мегирад. Ва, аз инҷост ки аз камтарин, хурдтарин, кучактарин, ночизтарин муқовимат ба ларза медарояд. Ҳол агар он муқовимат камтарин асаре ҳам надошта бошад, ба назари Раҳмонов хеле ҳам калону хеле ҳам бузург менамояд.»

Ба хари кӯр ҳам маълум аст, ки ҳукми Абдулло Ғурбатӣ ҳукме нест, ки як судя бароварда бошад. Ин ҳукме аст ки худи Раҳмонов содир кардааст. Бо ин гумону бо ин хиёлу бо ин нияту бо ин бовару бо ин умед, ки «ҳамаро бояд шиканад: «ба сиёсати давлат қуш шудӣ,тамом»». Ҳамаро бояд шиканад!  Касеро изну амон надиҳад. «Хоҳ вай як сиёсатмадор аст, хоҳ вай як имомхатиб аст, хоҳ вай як журналист ё блогер аст, хоҳ вай пир асту хоҳ ҷавон» Дар ин кишвар ва дар ин мамлакат ин танҳо Раҳмонов аст ки бояд сиёсат кунад. Ҳар касе дар муқобили сиёсатҳои вай сухан кард, рост меравад зиндон. Ва, агар дар зиндонҳо ҷо намонд, зиндони нав месозаду мебараду ҷо мекунад. Ҳадафи зиндонӣ кардани Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Завқибек Сайидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳамин аст. Гӯё онҳо муқобили сиёсатҳои Раҳмонов гап заданду навор мунташир карданд ва бо…..мухолифин алоқа ва ҳамкорӣ доштаанд. Ҳоло дигар «мухолифин» ба як уъҷуба, ба як устура, ба як душмани китобӣ ва сарсахти Раҳмонов бадал шудааст, ки агарчи чандин сол аст дар кишвар вуҷуд надорад, фаъолият намекунад аммо ҳамоно аз он барои тарс додани мардум истифода мешавад. Бо ин ҳисобу бо ин сиёсат бояд ҳадди ақал 70% аҳолии Тоҷикистон зиндонӣ бишавад.

«Ман бо сароҳат ва қотеъият мегуям ва агар бихоҳед ба азамати Аллоҳи бузург қасам мехурам, ки Ғурбатиро намешиносам, суҳбат накардаам, чи расад ба ҳамкорӣ. Аз дигарҳо ҳам ки пурсидам, айни ҳамин гапи маро такрор карданд.  Ҳатто ба яке аз бародарони Наҳзатӣ,ки саломаш навишта будааст носазо ҳам гуфта будааст Абдулло,ки нанависед ба ман ва ман шуморо намешиносаму шинохтан ҳам намехоҳам. Пас, чаро шумо он бечораро туҳмат ба ҳамкорӣ бо мо  мезанед? Ба хотири онки бо бачаи вазири адлия ва домоди Суди Олӣ баҳс кард? «

Шумо, воқиан ҳам гузаронидед. Ҷони мардумро ба ҳулқумаш расонида истодаед! Наход барои ҳиҷчӣ 7 уним сол диҳед?  Ва,он ҳам дар зиндони «строгий». Мехоҳед чи кор кунед? Боз ҳам ба азамат ва бузурги Аллоҳи бузург қасам, Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва ҳар касе дигарро ҳам, ки бо ин гуна методҳои ғайриинсонӣ мебареду мешинонед, ҳеҷ муродатон ҳосил намешавад. Мо, корамонро, ҳарфамонро, хабару гузоришу наворамонро мекунем, мегӯем, пахшу нашр мекунем.

Агар Ғурбатӣ ва ё Пирмуҳаммадзода зиндонӣ бишавад,  зиндагӣ хотима намеёбад. Шумо медуздед, мебалъед, зулм мекунед, ҳукм мебароред, мо мегӯем ва мардумро ва ҷаҳонро аз кору кирдори шумо огоҳ месозем. Огоҳ месозем, ки чи гуна як тоифаи бешарафи беномуси азхудобаргаштаи ҷиноятпеша ҳукумат ва қудратро идора карда истодааст.

Боз ҳам мегӯям, ки ҳукми Ғурбатӣ ҳукми суд ва судя нест

Ҳукми Абдулло Ғурбатӣ ҳукми Раҳмонов аст. Раҳмонов Ғурбатӣ ва ғурбатиҳоро «турма» карда истодааст ки Сомону Исмоилу Анӯшервон «проблема» надошта бошанд, чун худаш бо маҳкум кардани Муҳаммадрӯзӣ Искандарову Ғаффор Мирзоеву Ёқуб Салимову Зайд Сайидов ва даҳҳову садҳои дигар гӯё «проблема»-и худро ҳал кард.

Аммо, бубинед, ки сатҳу дараҷааш то чи ҳад уфтод, поин омад? Агар ин шахсиятҳо, чуноне гуфтам, сиёсатмадору пулдор буданду тарафдор доштанду кадом даъвое ва ё нияте дошта буданд, ҳоло Абдулло Ғурбативу Пирмуҳаммадзодаву Сайидаминиву Далери Имомалӣ, ки чизе нагуфтаанд, на ҳизбе доранду на даъвои курсӣ кардаанд. Барои ҳамин ҳам мегӯям, ки дигар тарсу ваҳшат ҷисму ҷони Раҳмоновро фаро гирифтааст, ки аз ҳамин журналисту блогер эҳсоси хатар ва тарсу ваҳшат мекунад. Дигар аз вазиши бод, лаппиши мавҷи ҷуйбор, хишхиши шохи дарахт, рашъа дар андомаш меафтад. Мабодо аз пеши Муҳиддин Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин наомада бошанд, бо онҳо ҳамкорӣ надошта бошанд, дигарҳоро вайрон накунанд, бояд зуд пеши роҳашро бигирифт ва филҳол ба Рамазон Раҳимзода ва СС.Ятимов фармони «фас» медиҳад. Юсуф Раҳмон ку дигар қудаанда шуд. Шермуҳаммади Шоҳиён, ки барвақт саис аст, як нуки қамчинро нишон деҳ, тамом, чорхез мезанад.

Агар ин афрод, ки номашон зикр шуд, як майда хуни инсонӣ дошта буданд, ба Раҳмонов мебоист мегуфтанд, ки дуои ин мазлумон оқибат мегирад, набоядам то ин ҳад бошад. Аммо ин вазири милиса, вазири кгб, раиси суд ва прокурор ҳам миҷозу Раҳмоновро хуб омухтаанд, ки бо айни ана ҳамин гуна ҳукуму ҷазоҳо вай шод мешавад, ҳукуматашро устувортар ва боқувваттар ҳис мекунад. Яъне то ман ҳастам ва то ман зидди ҲНИТ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои оппозитсионӣ ҳастам, ҳар касе ки бо онҳо аст ва ё ҳавои онҳоро дорад ва ё мисли онҳо интиқод мекунад, дарди сар меофарад, бояд зиндонӣ ва кушта бишавад. Вале, вақту соате расид, ки назари ман дигар шуд, боз ҳам фикру назари манро дуруст ҳисобад ва талқин кунад. Масалан ман чандин сол ба Узбакистон душман будам, шумо ҳам ба дунболи ман будед, ҳоло ки дӯстам шумо ҳам дӯст ҳастед ва ё инки Эронро бигирем, ки чанд сол ман «кишвари дар нохунак дӯст» гуфтам шумо ҳам такрор кардед, ҳоло ки аз Эрон абобил мегирам шумо ҳам бо Эрон дӯст бишавед.

Акнун имрӯз ҳамин Узбакистону ҳамин Эрону ҳамин Муҳиддин Кабириву ҳамин Муҳаммадиқболи Садриддину дигару дигарҳо Абдулло Ғурбатӣ аст. Барои ҳамин Ғурбатӣ бояд сахт шинад.

«Боз ҳам мегуям, ки «ма да поф…й», ки кӣ чи мегуяд: ОБСЕ чӣ мегӯяд, ООН чи мегуяд, Амрико чи мегуяд…пофик. Барои ман муҳим Путин аст. Ин Путин аст ки ман имрӯз боз поҳоям дар дастҳоям бо сару калаам давида-давида Санкт –Петербург рафта истодаам.»

Барои Раҳмонов аслан фарқе намекунад ва аз кучаи сиёсати берӯна ва радабандиҳое кишварҳо ва муассисаҳои хориҷӣ,ки чӣ мегӯянд. Аммо барои сиёсатмадорони давру бараш ва дипломату стратегҳояш чӣ ? Наход то ин андоза кавдан бошанд ва ё ин ҳама ҳолату вазъро ба ин бе хирад нагӯянд,ки ин кор оқибати бад ва шуме дорад. Ҷойгоҳи давлатро дар арсаи шохиси индексҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқӣ  пойн мебарад. Охир чанд бор сарашро аз қоғаз бардошта гуфт: “мо ҳам мисли дигар кишварҳо дар созмонҳои бонуфӯз як садо дорем” Охир бо ин амалҳо аз он як садо маҳрум мешавад давлат. Агар ҳаминхел фаҳмонед мефаҳмидагист.

Ҳузури намояндаи САҲА, хонум Тереза Рибейро ки дақиқан дар мавриди озодии матбуот феълан  дар Тоҷикистон қарор дорад. То куҷо бо ӯ ин масаларо мақомот дар миён мегузоранд муаммо боқӣ мемонад. Чун,ки Раҳмонов танҳо аз муассисаҳои хориҷӣ ва кишварҳо пул мехоҳад, на амалкардан ба муқаррароти байналмилалӣ. Ӯ ҳамон як овоз дорам мегӯяду тамом. Аслан барояш дигар муқаррароте таъсиргузор нест. Феълан дар побусии Путин қарор дорад ва «не до этого» барои ӯ.

Аммо нуктаи дигаре, ки дар анҷоми ин навишта мехоҳам тазаккур бидиҳам ин аст ки вазъу ҳоли Раҳмонову Путин дар ин авохир хеле баҳам шабоҳат дорад. Аз дасти Путин русҳо доранд аз ватанашон фиро мекунанд, ҳатто ҷонибдоронаш аз канораш канда мешаванд, ҳамчуноне имрӯз дар Тоҷикистон ҳам баъди ҳукми Ғурбатӣ хелеҳо, ки ҳатто сахт ҷонибдори Раҳмонов буданд аз вай дилсардии худро буруз медиҳанд. Номашро намеоварам, ҷинсашро ҳам зикр намекунам, вале як нафар журналист, ки ҳар аз гоҳе булфузулӣ мекунад, гоҳе ба наълу гоҳе ба пошна мезанад, он қадар оҳу воҳ кардааст, ки «акнун забонҳои бастаи журналистика ….андеша изҳор кунанд,….имсол барои ҳамкасбони ман соли пурмоҷаро буд…» ва аз ин қабил гилояву шикваҳо, ки чаро 7уним сол? Яъне, оқибат таркидаст, ки ҷабру зулм шуд истодааст, мисле, ки ин ҷабру зулм имсол буд, ҷабру зулми ниҳодина шударо акнун мебинад, ҷабру зулми беш аз сисоларо. Вале,  маъаласаф аз асп фуруд омадаву рикобро раҳо намекунад ва менависад,ки «Дар бораи онки ҷуръат сархӯр аст ё сархӯрони бурунмарзӣ ҷавонҳо моро ба дом кашида тавониста бошанд»?

«Сархӯрони бурунмарзӣ»-яъне мо?

Намедонам ба ин муаллиф чи бигӯям. На, валлоҳӣ медонам, ки чи бигӯям. Аммо ин бор сукут мекунам, чун дар ҳар ҳол кам ҳам бошад, чизоеро гуфта истодааст. Фақат хоҳишам ин аст як бор барои ҳадди ақал биандешад, сахт биандешад, ки дар асл сархӯрҳо дар беруни марзанд ё дар дохил?

Сообщение 7уним сол ҳукм ба А.Ғурбатӣ, ҳадя ба 70 солагии “пешво” появились сначала на ISLOH.net.