“Талко” санади ҷиноятҳои дигари Раҳмон

Ислоҳ нет

 

     Эмомалӣ Раҳмон даҳ рӯз қабл аз сафар ба Пекин бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистонро бо ними нарх ба Хитой фурӯхт. Бале, сухан аз Талко-ширкати тавлиди алюминий меравад, ки даҳ сол пеш Раҳмон бо имзои як фармон моликияти истисноии давлат хонд ва фурӯши онро қатаған кард. Ҳар касе ҳам, ки пешниҳоди фурӯши онро матраҳ мекард, хоини давлату миллат ба ҳисоб мерафт.

 

Вале, имрӯз “Талко”-е, ки ифтихор ва нангу номуси миллӣ шуморида шуда, дар мақоми моликияти истисноии давлат қарор мегирифт, хеле ҳам саҳлу осон ба моли Хитой табдил шуд. Касеро ҳам напурсиданд, гирифтанду ба савдо заданд.  Ҳамчуноне, ки бахше аз сарзамини кишвар, аз қаламрави вилояти Куҳистони Бадахшонро ба Хитой ройгон дода буданд. Аммо, ҳоло сухан аз замин  нест, сухан аз Талко ва фарҷоми фоҷеавии ин бузургтарин корхонаи Тоҷикистон ва яке аз бузургтарин корхонаи алюмингудозии шӯравии пешин аст.  Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Асадуллозодаи додарарӯсаш ин корхонаро обу лой карданд.

 

  … Дар оғози соли 2004 “Талко” аз ҳамкорӣ бо ширкати “Ансол”, ки таъминкунандаи ашёи хомаш буд, даст кашид ва ин вазифаро ба дӯши “CDH” вогузошт. “CDH”-ширкате аст, ки соҳиби  аслии он худи Ҳасан Асадуллозода мебошад ва дар ҷазираҳои оффшории Вирҷиниёи Бритониёи Кабир сабти ном шудааст. Маҳз ҳамин ширкат ва “Talco Manajement limited”, ки низ моликаш Ҳасан Асадуллозода буда, дар ҷазираҳои оффшории Вирҷиниёи Бритониёи Кабир дар қайд гузошта шудааст, Талкоро комилан тасоҳуб карданд. Акнун таъминкунандаи маводи хом – “CDH”, фурӯшандаи алюминий -“Talco Manajement limited”ва ниҳоятан худи Талко- корхонаи давлати Тоҷикистон ҳамагӣ барои Ҳасан Асадуллозода кор мекарданд. Албатта, маблағи даромад, ки садҳо миллион долларро дар бар мегирад, зери назорат ва “под крыша”-и худи Эмомалӣ Раҳмон  ба суратҳисобҳои оффшорӣ ворез мешуданд. Вале наҳсии дасти ба тақаллуб ва ба дуздӣ хӯ гирифтаи Раҳмон боис шуд, ин ширкати бузург, ки солона то 420 ҳазор тонна тавлидот дошт, тадриҷан рӯ ба завол оварда, соли 2018 ҳамагӣ 60 ҳазор тонна истеҳсол дошт. Ширкате, ки ҳудуди 1 миллиарду 200 то 300 миллион доллар дар сол маҳсулот ба бозор ироа мекард, 60 дар сади содирот ва 75 дар сади асъори воридотӣ ба Тоҷикистон аз натоиҷи фаъолияти ӯ вобаста буд, варшикаста ва муфлис шуд. Дар ҳоле, ки алюминиюм дар канори пахта, яке аз ду маҳсулоти стратегии Тоҷикистон ва манбаи муҳими даромади бюҷети давлатӣ ба шумор мерафт. Дар ин корхона сездаҳ ҳазор кас кор мекард. Ҳоло ҳатто 1000 кас ҳам кор намекунад.

 

Ҳоло, суол инҷост,  чӣ боис шуда, ки ин муҳимтарин ширкат муфлис бишавад ва тавони тавлидотиашро аз даст бидиҳад?  

 

– Сабаби асосӣ ин аст, ки Раҳмон ва Ҳасан ҳарчи қадар тавонистанд, аз ин ширкат пул кор карданд, вале дар таъмир ва навсозии он як дирам ҳам харҷ накарданд. Аз 33 хумдон ва ё дегҳои маъдангудозии ин корхона, феълан чанд адади ба шумор кор мекунаду халос. Тамоми маблағҳои ба дастмеомада аз фурӯши алюминиюмро ба ҳисобҳои оффшорӣ рехтанд ва барои онки ин маълумот дар дасти ҷомеа наафтад, бо як қарори худ Раҳмон ин корхонаро корхонаи пӯшида эълон кард, ки ҳатто вакилони Маҷлиси намояндагон ҳам ҳақ надоранд аз фаъолияти он суол кунанд. Сол то сол ҳиссаи он дар таъмини бюҷет ва пардохти андози давлат рӯ ба коҳиш оварда, баракс  ба як корхонаи қарздоре табдил шуд. Эмомалӣ Раҳмон қарзи корхона аз истифодаи барқ ва андози он ба маблағи 300 миллион сомониро маоф кард. Ва сар аз соли 2010 то ба имрӯз наздик ба ду миллиард сомонӣ маблағи қарзи барқро напардохтааст. Албатта, маълум аст, ки ин маблағҳо ба ҳисобҳои офшории Раҳмон ва Ҳасан гузаронида шудаанд.

 

Ҳануз, даҳ сол пеш, Ричард Ҳугленд, сафири пешини Амрико дар Тоҷикистон, ки номаи маҳрамонаи ӯ ба Департаменти давлатӣ дар соли 2008-ро сомонаи машҳури “Wikileaks” ба нашр расонд, Э.Раҳмонро “бадтарин монеа”дар роҳи иқтисодиёти ин кишвар шуморида буд. Ҳугленд дар ин нома навиштааст:

 

 “Раҳмон ва хонадони ӯ бизнесҳои асосӣ, аз ҷумла бузургтарин бонкро зери назорат доранд ва барои дифоъ аз манофи бизнеси хеш сахт ҳарисанд, қатъи назар аз онки ин барои иқтисодиёт чӣ пайомад хоҳад дошт. Тавре, ки як дипломати хориҷӣ хулоса кардааст, президент Эмомалӣ Раҳмон ба он бартарӣ медиҳад, ки 90 дар сади дастархони даҳдоллариро назорат кунад, то сӣ дар сад дастархони саддоларриро”.

 

Сафири собиқи Амрико  гуфтааст, ки “даромади бузургтарин корхонаи Тоҷикистон “Талко”, ки ба тавлиди алюмин машғул аст, ба дасти ширкати махфии оффшорие медарояд, ки аз тарафи президент назорат мешавад”.

 

   Моҳи марти соли 2014 вазорати молия эълон кард, ки Талко дар ҳоли муфлисшавӣ қарор дорад. Зеро, дар соли 2013 як миллиарду 700 миллион сомонӣ ё муодили 350 миллион доллар аз давлат қарздор шудааст. Аммо, Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Асадуллоҳзода бо онки ин корхона 35 дар сади нерӯи барқи кишварро истеъмол карда, иллати асосии бебарқӣ дар кишвар буд, баракс, аз ҳисоби бюҷет ёрӣ расониданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки он сол ва солҳои баъд Талко пули андозро баробари  як ширкати мобилӣ ҳам супорида натавонист. Зеро он ҳамаи пулҳоро ба ҷайби оффшории ин ду дузди зургӯ ворез мекард.

 

Ҷолибтарин маълумотро дар робита ба фаъолиятҳои “Талко” боз ҳам вазорати молияи Тоҷикистон ифшо кард. Вазорати молия эътироф кард, ки Талко дар солҳои 2010-2015 ва нимсолаи аввали соли 2016 бештар аз 1 миллиарду 100 миллион доллар фоидаро аз давлат пинҳон кардааст.

 

Дафтари матбуотии  вазорати молияи Тоҷикистон навишт, дар гузориши худ навишт, ки “Гузаштан ба системаи толлингӣ” бар зарари ширкати алюминиюми тоҷик аст ва ин ширкат ҳоло бо зиён фаъолият дорад. Ба иддаои ин гузориш коршарики “Талко”, ширкати оффшории “Talco Manajement limited”, ки ҳуввияти моликонашро ошкор намекунад, барои коркард ва истеҳсоли 1 тонна арзиз ба Талко 500 доллар пардохт мекунад. Талко аз истеҳсоли ҳар тонна алюминий тақрибан сад доллар зарар мебинад. Нашри ин маълумот аз тарафи вазорати молия ба як ҳодисаи пурғавғои ҷомеаи тоҷик бахусус матбуот табдил шуд. Талко бо лаҳни тунде раддия навишт ва тақозои узрхоҳӣ аз вазоратро кард. Вазорат узр напурсид, вале,  27 октябри соли2016 маҷбур шуд, эълом кунад, ки дар нашри ин маълумот “саҳви кормандони вазорат” ва иштибоҳи “фанниву омили инсонӣ” рух додааст.

 

                                           “Талко” дар додгоҳҳои Аврупо

 

      Аз ҳамон рӯзе, ки “Талко” ба ихтиёри хонаводаи Раҳмон гузашт, кори худро бо фиреб (кидат)-и шарикони тиҷоратӣ оғоз кард. Гап дар сари он аст, ки Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва соҳиби “CDH”– ширкати таъминкунандаи маводди хом барои Талко ба маблағи 125 миллион доллар ширкати “Hammer”-ро ошкоро “кидат” кард. “Hammer”– коршарики ТадАЗ (номи пешини   “Талко”) дар авохири соли 2003 бо ин маблағ гилхок-глинозём ворид намуда буд, ки бар тибқи қарордод мебоист бар иваз маҳсулоти тайёр мегирифт. Аммо Ҳасан Асадуллоҳзода  ва Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони ширкат посухи рад доданд ва гузашта аз ин гуфтанд, ки 125 миллион долларро бояд ин ширкат аз “Ансол” бигирад. “Ансол” коршарики қаблии ТадАЗ ба соҳибкори тоҷик Аваз Назаров тааллуқ дорад, ки ба ҳангоми роҳбарии Абдуқодир Эрматов дар корхонаи алюминий, онро бо маводди хом аз ҷумла гилхок таъмин мекард. Ва, ҳамчунин дар тиҷорати алюминй бо ТадАЗ ба унвони миёнарав ҳамкорӣ мекард. Мунтаҳо баҳси Талко бо “Hammer”, ки аз ширкати алюминиюми Hydro-и Норвегия намояндагӣ мекард, дар додгоҳи салтанатии Бритониёи Кабир се сол- аз соли 2005 то 2008 идома пайдо кард. Дар ин қазия пойи Аваз Назаров ва Абдуқодир Эрматов ҳам кашида шуд.

 

Ҳасан Асадуллоҳзода  ва Эмомалӣ Раҳмон дар ин мурофиа шармандавор шикаст хӯрданд. Ба Hydro-алюминиюми Норвегия  ба маблағи 125 миллион доллар ва бо изофа барои зарари расонида ба ин ширкат ба маблағи 20 миллион маҳсулоти иловагӣ доданд. Ҳасан Асадуллоҳзода  ва Эмомалӣ Раҳмон бо Аваз Назарову Абдуқодир Эрматов, коршарик ва роҳбарони пешини Талко “мусолиҳа” карданд ва додситони кулли Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ алайҳи Назаров ва Эрматовро қатъ кард.

 

Аммо ин мурофиа дар таърихи баҳсҳои додгоҳии Бритониё бо ҳазинаи худ бесобиқа будааст. Эмомалӣ Раҳмон барои вакилони дифои худ дар ин мурофиа 140 миллион доллар, ки баробар ба наздики 6% маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар он солҳоро ташкил мекард, ҳаққи заҳмат додааст. Ин мурофиаи додгоҳӣ бо онки дар он Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири Тоҷикистон, Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк”, Шералӣ Кабиров, раиси ширкати “Талко”, Максим Пешков, сафири собиқи Русия дар Тоҷикистон иштирок ва баёнот додаанд, бештар ҷалби таваҷҷӯҳ карда буд. Ва он дуруст дар замоне иттифоқ афтода буд, ки дар Тоҷикистони дар бораи ҳадафи тири яке аз фарзандони Раҳмон қарор гирифтани Ҳасан достонҳо эҷод шуда буд.Зимнан Ҳасан аз иштирок ва додани шаҳодат сарпечӣ мекунад ва намеравад. Аз ин ҷост, ки дар яке аз мурофиаҳо дар додгоҳи салтанати Бритониё судя Томлинсон аз вакилони  дифои Раҳмон аз ширкати Herbert Smith  суол мепурсад: оё шоҳиди аслии қазияҳо Ҳасан Асадуллозода(Саъдуллоев)зиндаву саломат ҳаст ё не?  Яке аз адвокатҳои ба Тоҷикистон омада посух медиҳад: “Асадуллозода на аз дасти писари президент тир  хӯрдааст”. Судя мепурсад, ки ӯ зинда аст, адвокат мегӯяд:-бале.

 

Азбаски дар ҷараёни мурофиа бо чи роҳҳое маълумоти молиявии “Талко” аз компютер  ҳазф шудааст, судя мегӯяд, ки Асадулоҳзода бояд дар бораи даромади солонаи Талко ба маблағи 1 миллиарду сесад миллион доллар ва ба куҷо рафтани он ва низ тафовутҳои миёни оморҳои пешниҳодкардаи Hydro-алюминиюми Норвегия  ва Талко посух диҳад. Судя мегӯяд, азбаски  дар  маълумоти муҳосибавии ироадоштаи Hydro бо Талко тафовути зиёд вуҷуд дорад, бояд пулҳои пинҳоншуда куҷо меравад ва чаро нопадид шудааст  ва чи касе мегирад ба таври шаффоф маълумот пешниҳод карда шавад.Судя ба он санадҳое ишора мекунад, ки маблағҳоро ба суратҳисобҳои берун аз Тоҷикистон бо имзои Эмомалӣ Раҳмон интиқол додаанд. Бо ин ҳол маълум мешавад, ки ин пулҳо ба суратҳисобҳои оффшории худи Раҳмон дохил мешудааст, бинобар иштироки Раҳмон дар мурофиа ҳатмӣ дониста мешавад. Судя мепурсад, агар корхонаи “Талко” давлатӣ аст, чи заруратест, ки пулҳои давлатӣ ба суратҳисобҳои оффшорӣ гузаронида мешаванд. Иллати аслии оштии миёни Раҳмону Ҳасан ва Аваз Назарову Абдуқодир Эрматов ҳам ҳамин пурсиш ва ҳамин талаби ҳамчун шоҳид ва ба боварии том метавон гуфт ҳамчун муттаҳам даъват кардани Раҳмон ба мурофиа будааст. Раҳмон барои онки шармандаву расво нашавад, бо онҳо “мировой” кардааст.

 

     Дертар баҳси дигари Раҳмону Ҳасан ба ҳайси моликони “Талко” дар додгоҳи арбитражи байналмилалии Швейтсария бо РусАл ва Олег Дерипаска шарикони тиҷоратии пешини “” сурат гирифта буд, ки ин бор ҳам Раҳмон ва Ҳасан 274 миллион долларри ширкатро бохтанд. Ҳасан маҷбур шуд бо арзиши чанд баробар бештар маҷмааи тиҷоратии “Созидание” ва меҳмонхонаи “Ҳаят реҷенси”-и Дерипаскаро дар Душанбе бихарад. Нуктаи ҷолиб дар ин баҳси додгоҳӣ ин аст ки Дерипаска зарари расонидаи Раҳмон ва Ҳасан дар тиҷорати алюминийро ба 112,7 миллион доллар баровард карда буд, аммо саркашии ин ду боис шуд, ки ба ин маблағ 147 миллион доллар фоизҳо ва 14,8 харҷи арбитраж ҳам илова бишавад. Албатта, ин маблағҳо аз ҷайби мову шумо, аз ҳисоби давлат пардохт карда шуданд ва яке аз сабабҳои муфлисшавии “Талко” ҳам ҳамин баҳсҳои додгоҳӣ аст.

 

                                    “Талко” моли Хитой

 

    Ширкати хитоии  China Machinery Enjineering Corporation(CMEC) бо харҷи 545 миллион доллари амрикоӣ ширкати Талкоро навсозӣ мекунад. Дар асоси тавофуқи ҳосилшуда мӯҳлати навсозӣ ду сол пешбинӣ шуда, бо шурӯи фаъолияти коргоҳи ҷадид иқтидори тавлидотии Талко ба 300 ҳазор тонна алюминиюми аввалия ва ё хом дар сол хоҳад расид. Мутаваҷҷеҳ бошед 300 ҳазор. Дар ҳоле, ки тавони тавлидотии Талко то 517 ҳазор тоннаро ташкил мекард, чаро баъди навсозӣ то 200 ҳазор коҳиш меёбад?

 

Боз як саволи дигар ин аст, ки дар асл хитоиҳо ширкати “Талко”-ро навсозӣ мекунанд ё ширкати нав месозанд?

 

Авоили соли 2018 Хитой бо Тоҷикистон созишнома барои сохтмони ширкати нави алюминиюм дар маҳалли фаъолияти “Талко”-ро ба маблағи 1.6 миллиард имзо кард. Мӯҳлати сохтмон ва баҳрабардорӣ аз корхонаи нав 1солу 8 моҳ пешбинӣ шудааст. Дар асоси ин қарор баъди ба фаъолият оғоз кардани корхонаи нав “Талко” аз байн хоҳад рафт. Зеро мутахассисони хитоӣ гуфтаанд, ки бо онки хумдонҳои “Талко” корношоям ҳастанд, беҳтар ва арзонтар аст, ки ҷойи он корхонаи нав бунёд шавад.

 

Аммо дар қарордоди ахир, ки дар арафаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Хитой дар 15 апрел баста шуд, гӯиё ду коргоҳи дигари “Талко”-ро, ки то ҳанӯз  сохтмонаш тамом нашудааст, ба итмом мерасонанд. Аммо, ин як дурӯғи дигари Раҳмон аст. Азбаски Талкоро қонунан моликияти истисноии давлат эълом ва фурӯхтанашро манъ карда буд, ҳамчунин “алиби”-ро барои рӯпӯш кардани ҷинояти худ бофта баровард, то ки мардум суолаш накунанд. Ӯ ба ҳайси як ҷинояткори бузург ширкати “Талко”-ро мисли як гови дӯшоӣ дӯшиду дӯшид. Ва, акнун ки аз он дӯшида наметавонад, ба хитоиҳо фурӯхт. Корхонаеро, ки нангу номус ва ифтихори миллӣ унвон карда буд…

 

Пешниҳоди Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва оқибати “номӯси миллӣ”

 

Дар солҳои 2008-2010 ба хотири раҳоӣ аз бебарқӣ ва ҳарчи зудтар сохтани Роғун рӯшанфикрони кишвар аз ҷумла Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода пешниҳод карданд, ки Талко фурӯхта бишавад. Зеро аз он фоида нест ва истифодаи он бар зарари мардум ва кишвар аст. Чунки беш аз 35 дар сади барқи кишварро бо арзонтарин нарх истеъмол карда, боиси хисороти моддӣ ва маънавӣ ба мардум мешавад. Маблағи аз он ба даст омада, ки 1 миллиард баровард шуда буд, барои сохтмони Роғун сарф мешавад. Ҳам мардум аз бебарқӣ халос мешавад ва ҳам нисфи пули зарурӣ барои сохтмони Роғун ба даст меояд. Ва, ҳар ширкате ҳам, ки онро мехарад, барқи корхона дар зимистонро аз берун таъмин мекунад. Ҳамон вақт гуфта шуда буд, ки “Талко” танҳо дар нақши осиёб кор мекунад ва пули мегирифтааш ҳам ночиз аст. Аммо азбаски корхона дигар як манбаи даромади муфти Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводааш шуда буд, аз ин пешниҳод сарфи назар кард. Дар бебарқии моҳи октябри соли 2016 хумдон ва ё дегҳои электролизии корхона аз фаъолият монданд ва ширкат корношоям шуд. Акнун онро мефурӯшад, маълум нест бо чи шарту шароите. Вале рӯзе ин мардум ва ин миллат хоҳад пурсид, ки чаро ин корхонаи бузург хароб ва муфлис шуд ва киҳо онро ба чунин рӯз расониданд…

 

 

Share This Article