Талоқи суннатӣ ва талоқи бидъат

Ислоҳ нет

Талоқи суннатӣ ва талоқи бидъат

(бахши дуввум)

Қоидаи аслӣ дар робитаи миёни зану шавҳар аз нигоҳи ислом чунин аст, ки ин робита давом пайдо карда, то ҷое, ки имкон дорад вайрон нашавад, аз ин ҷиҳат аст, ки ислом дар хусуси талоқ, роҳнамоиҳо ва иршодотеро вазъ намудааст, ки бо муроъоти онҳо ё тамоман талоқе воқеъ нагардида, хонавода маҳфуз мемонад ва ё агар талоқе воқеъ шавад, бисёр кам ва нодир хоҳад буд. Вале мутаассифона, касоне, ки ин иршодот ва мафҳумҳоро дониста, ҳангоми талоқ додан дар назар гирифта, амалӣ намоянд, бисёр кам буда, ҳатто гуфта метавонем, ки ноёб аст.

Тақрибан аксари талоқҳое, ки аз тарафи шаҳрвандони мо сурат мегиранд қариб, ки ҳамагӣ дар ҳолати қаҳр, ғазаб, ҳамдигарнофаҳмӣ, ҳолатҳои сахти саросемагӣ, хушдоманам чунин гуфт, хоҳарам ин гуфт, модарам он гуфт анҷом меёбанд, инчунин аксарашон пас аз як соат пушаймонанд. Дарҳол аз домулло мепурсанд, ҳазрат як хатогӣ кардам ҳамсарамро се талоқ доддам, чӣ кор кунам? Ман то имрӯз надидам, ки шахсе пас аз талоқ додан гуфта бошад, ки пушаймонам. Ҳатто як рӯз намегузарад, пас аз соате дар ҷустуҷӯйи фатво мешаванд, чӣ роҳ пайдо кунам ҳамсарамро дубора никоҳ кунам. Ҳазор далел меоранд, ки фарзандонам сарсон мешаванд, роҳе бароям пайдо кунед, то дубора ҳамсарамро никоҳ кунам. Инчунин занҳои мо ҳам гунаҳкоранд, дар оддитарин мушкилот агар намехоҳи талоқамро деҳ, ман дигар бо ин вазъ наметавонам зиндагӣ кунам. Мардҳо дар ин сурат бояд он маконро тарк кунанд, то занҳо бо гуфтаҳои беохирашон шуморо дар мушкилот гузоранд. Қаҳри зан то шаб аст, ҳатман шаб ончи гузашт фаромӯш мекунанд. Пас ҳаргиз шитоб накунед, агар дидед ҷуз талоқ роҳи дигар нест, пас хонед ва тибқи ин иршодот амал кунед, то дигар ҳазрату муллое наҷӯед.

Талоқе, ки бо дарназардошти ин иршодот воқеъ мегардад, бо номи «талоқи суннатӣ» ва талоқе, ки бар хилофи роҳнамоиҳо воқеъ мешавад, ба номи «талоқи бидъат» ёд мегардад ва шарҳи он чунин аст:

Талоқи суннатӣ.

Талоқи суннатӣ талоқе аст, ки мувофиқи ҳидоятҳо ва иршодоти Набии карим (салаллоҳу алайҳи васаллам) бошад ва чунин талоқе ба се шарт дурустӣ пайдо мекунад.

а) Он, ки талоқ фақат як талоқи раҷъӣ бошад;

б) Талоқ дар ҳангоми одати моҳонагии зан – ҳайз воқеъ нагардад;

в) Дар туҳрӣ (дар ҳолати одати моҳона набудан), ки бо занаш ҳамбистар гардидааст, ӯро талоқ надиҳад;

Агар ин се шарт иҷро гардад, талоқе, ки воқеъ мегардад, талоқи суннатӣ буда, мувофиқи иршоди Набии карим (салаллоҳу алайҳи васаллам) аст. Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят аст, ки ӯ дар замони паёмбари Худо (салаллоҳу алайҳи васаллам) ҳамсарашро дар ҳоле, ки дар ҳолати одати моҳона буд, талоқ дод. Умар (р) назди паёмбари Худо (салаллоҳу алайҳи васаллам) рафта, мавзуъро байён дошт. Паёмбари Худо (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: «Барояш бигӯ, то ба занаш руҷуъ намояд, баъд аз он интизор бикашад, то занаш аз одати моҳона пок шавад. Баъд аз он дубора ҳоиз гардида, аз ҳайз пок шавад.

Дар ин вақт агар мехоҳад, бо ҳамсараш зиндагӣ намояд, агар намехоҳад, пеш аз он, ки бо вай ҳамбистар шавад, ӯро талоқ диҳад ва ин ҳамон иддае аст, ки Худованд амр кардааст, то занҳо дар он талоқ дода шаванд». Чунин талоқ аз он ҷиҳат суннатӣ ва мувофиқи шариъат аст, ки аз воқеъ шудани талоқ то ҳадди зиёд пешгирӣ менамояд. Шахсе, ки ҳамсарашро як талоқи раҷъӣ медиҳад, барояш ин имкон мавҷуд аст, ки то муддати қариб се моҳ ва ё бештар аз он фикр ва машварат намуда, фоида ва зарари талоқро нисбат ба сарнавишти худ ва фарзандон ва ҳамсар ба хубӣ ва бо асаби ором бисанҷад. Дар ин муддат агар дид, ки ҳақиқатан талоқ додан лозим аст, занро ба ҳолаш гузорад, то иддааш ба поён бирасад ва робитаи онҳо бо якдигар ба таври ниҳоӣ қатъ мегардад. Агар дид, ки талоқ додан лозим нест ва аз талоқ додан пушаймон шуд, ин фурасат низ ҳаст, ки дубора бе никоҳ ба ҳамсараш баргашта, робитаи пешинаро бо вай барқарор созад. Баръакс, касоне, ки ҳамсари худро се талоқ медиҳанд, дар ҳолати пушаймон шудан аз талоқ, роҳи бозгаштро ба рӯи худ бастаанд ва имкони бозгашт барои онҳо боқӣ намемонад, аз ин ҷост, ки як талоқ додан, талоқи суннатӣ ва се талоқ додан, талоқи бидъат аст.

Ин ки набояд, ҳамсарашро дар ҳангоми одати моҳона талоқ диҳад, ҳикматаш ин аст, ки рағбати мард дар чунин ҳолате нисбат ба ҳамсараш кам мешавад ва андак сабабе басанда аст, то сабаби талоқ додани зан шавад. Аз ин ҷиҳат аст, ки ислом мегӯяд, ки набояд шахс ҳамсарашро дар ҳолати одати моҳонааш талоқ диҳад, балки бояд интизор бошад, то зан аз одати моҳонааш халос шавад. Баъд аз халос шудан аз одати моҳона, метавонад тасмим ба талоқ гирад ва албатта, эҳтимоли талоқ додан баъд аз гузашти одати моҳона зан бисёр кам аст, зеро:

Аз як тараф муддати зиёд мегузарад, ки мард бо занаш ҳамбистар нашуда ва ин худ сабабе аст, ки мард дар худ нисбат ба ҳамсараш эҳтиёҷ эҳсос карда, аз талоқ додани занаш даст мекашад. Аз тарафи дигар, талоқ додан дар вақти одати моҳона, сабаби дароз шудани идда бар зан мегардад. Зеро айёми одати моҳона, ки дар он талоқ воқеъ гардидааст, ҳамчунин айёми пок шудани зан аз ҳайз, ки баъд аз он меояд, аз идда маҳсуб намегардад, балки идда аз одати моҳонагии баъдӣ оғоз мешавад ва дароз шудани идда сабаби зулм бар зан аст, зеро зан аз вақти талоқ то вақти оғоз шудани идда, на зани шавҳардор ҳисоб мешавад ва на зани талоқшуда. Зани шавҳардор аз ин ҷиҳат гуфта намешавад, ки шавҳараш ӯро талоқ додааст ва талоқшуда аз он ҷиҳат гуфта намешавад, ки иддааш ҳанӯз оғоз нашудааст ва ин зулме аст, ки шариъат онро манъ кардааст.

Аммо ин, ки гуфтам набояд занашро дар айёми туҳрӣ, (покӣ аз ҳайз), ки бо вай ҳамбистар шудааст, талоқ диҳад, ҳикматаш ин аст, ки мард баъд аз ҳамбистар шудан бо ҳамсараш, тавре ки ҳамагон медонанд, рағбати вай нисбат ба зан кам шуда, ба шиддати аввалии худ боқӣ намемонад. Аз ин ҷиҳат аст, ки дар талоқ додан шитоб намуда, бе сабаби маъқул ҳамсарашро талоқ диҳад. Аз ин ҷиҳат шариъати ислом мегӯяд: касе, ки бо занаш ҳамбистар гардидааст, то вақте, ки занаш дубора ба одати моҳона дохил гардида, боз аз он пок намешавад, набояд ӯро талоқ диҳад. Баъд аз гузашти ин муддат аст, ки метавонад тасмим ба талоқ бигирад, ки албатта, боз ҳам бояд талоқ пеш аз ҳамбистар шудан бо ҳамсараш бошад. Бояд гуфт, ки бо амалӣ сохтани чунин ҳидоятҳое эҳтимоли талоқ бисёр кам мешавад.

Илова бар ин, касе, ки бо ҳамсараш ҳамбистар шудааст, эҳтимоли ин, ки ҳамсараш ҳомила шуда бошад, вуҷуд дорад ва ҳикмати ин ки шавҳар баъд аз ҳамбистар шудан бо ҳамсараш, набояд ӯро талоқ диҳад, ин аст, ки агар ҳомила шудани ҳамсараш собит шавад, шахсе, ки иродаи талоқро дорад, эҳтимоли зиёд мавҷуд аст, ки аз талоқ додан даст бикашад, талоқ сабаб мешавад, ки фарзанди худро аз худ дур кунад, зеро тавре ки дар боби “Ҳизонат”ин масъаларо иншоаллоҳ муфассал баён менамоям, фарзанд дар чунин ҳол бо модари худ зиндагӣ карда, падараш аз тифли худ маҳрум мемонад ва ин худ сабаби муҳими дигарест, ки сабаби даст кашидани шахс аз талоқ мегардад.

Талоқи бидъат.

Талоқи бидъат он аст, ки мухолифат ба ҳидоятҳо ва иршодоти набавӣ бошад ва он иборат аз талоқе аст, ки яке аз шартҳои сегонаеро, ки дар талоқи суннатӣ зикр намудем, дар он риоя нагардида, бошад. Бинобар ин, агар талоқ дар яке аз ҳолатҳои зерин воқеъ гардад, талоқи бидъат гуфта мешавад:

а) Се талоқ дар як лафз ё як маҷлис.

Зеро дар ин сурат, роҳи бозгашт ба ҳамсарашро ба рӯи худ мебандад ва дар натиҷа хонавода ба таври ҳатмӣ барҳам мехӯрад, баъд аз ин талоқ, агарчи пушаймон ҳам шавад, ба зани худ бозгашта наметавонад. Дар мо бошад пас аз се талоқ додан дарҳол дар фикри ҳалола мешаванд, то ҳамсарашро ба марди дигар ба никоҳ дароварда, дубора ӯро талоқ кунад ва ин мард ҳамсарашро ба никоҳи худ дароварад. Чунин чизе дар шаръи ислом нест ва бо ин тарз мехоҳед пас аз талоқ бояд се ҳайз бинад бояд ба марде никоҳ кунад, ки ӯ қасди талоқашро надошта бошад. Ҳатман бо ин мард бояд ҳамхоба гардад ва агар кадом вақте талоқаш дод бояд боз се ҳайз бинад, сипас имкони никоҳи ҳамсари талоқкардаашро дорад. Аммо дар мо мехоҳанд дар як рӯз талоқ ва дар ним соат никоҳаш кунанд боз талоқаш диҳанд ва ин мард боз занашро никоҳ кунад. Чунин чизе ва чунин амале дар шариъат аслан нест. Нисбати ҳалола мақолае муфассале дорам ҳатман онро хонед, то донед, ки тибқи ҳадиси саҳеҳе ҳалолакунанда ва ҳалолашаванда дар лаънати Аллоҳ дохиланд. Мардоне, ки ҳамсаронашонро се талоқ додаанд хуб ин бахшро хонед, худро азоб надиҳед роҳи ҳалл наҷуед. Роҳи ҳал танҳо як талоқ аст, ончи дар боло баён шуд.

б) Талоқ дар ҳолати одати моҳона.

Ин навъ талоқ, тавре пештар ёдовар шудем, шахс аз як тараф бе андешаи комил иқдом ба талоқ менамояд ва аз тарафи дигар сабаби он мешавад, ки зан тариқи иддаашро надонад, яъне надонад, ки оё аз шавҳараш ҳомила гардида, иддааш бар асоси бордорӣ аст ва ё бордор нагардида, бар асоси одати моҳона аст.

Чанд нукта.

Талоқи бидъат ҳаром аст ва касе ба чунин усул занашро талоқ медиҳад гунаҳкор мегардад.

2. Талоқи бидъат агарчи мухолифи шаръ аст, вале воқеъ мегардад. Масалан, агар касе ҳамсарашро се талоқ дод, агарчи ин кораш мухолифи шаръ буда, гунаҳкор гардидааст, вале ҳар се талоқаш воқеъ мегардад ва то вақте, ки занаш шавҳари дигаре нагирад, шавҳаре, ки ӯро талоқ додааст, наметавонад дубора бо ӯ издивоҷ намояд. Вале баъзе уламо, аз ҷумла Ибни Таймия ва шогирдаш Ибни Қайими Ҷавзӣ (раҳ) бо далелҳои бисёр зиёде, ки аз манқул ва маъқул зикр мекунанд, бар ин назаранд, ки се талоқ агар дар як вақт бошад, як талоқ маҳсуб мегардад, чунончи дар аксари маҳкамҳое, ки масъалаҳои талоқ ва никоҳ дар онҳо ба асоси шаръӣ анҷом мегирад, ба ҳамин қавл амал мешавад, вале на дар мазҳаби мо. Дар мазҳаби имом Абуҳанифа (раҳ) се талоқа ба як лафз се талоқ шумурда мешавад ва он зан барои ҳамеша талоқ мегардад.

3. Зани ҳомила ва зане, ки одати моҳонааш ба сабабе аз сабабҳо қатъ гардидааст, талоқаш фақат ба як шарт суннатӣ аст ва он ин аст, ки ӯро як талоқи раҷъӣ диҳад, зеро ду шарти дигар дар мавридаш мутобиқат намекунад.

Умед аст ин бахшро хуб мехонед ва мефаҳмед, ки дар талоқ додан ба шитоб дода намешавед. Як талоқ додани зан барои ҳарду хубтар ва ба ҳақиқат наздик аст. Ба он як талоқ дубора метавонед баргардед ва агар нахостед зан метавонад пас аз поён ёфтани иддааш ба он як талоқ шавҳари дигар кунад.

Бахши саввум талоқи бойн ва раҷъӣ аст мақолаҳоро дунбол кунед!

Share This Article